ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Соли 90-уми нашр
№11 (3300)
ПАНЉШАНБЕ, 11 марти соли 2021
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Дар шароити љањонишавї, яъне тањољуми фарњангиву забонї, моро зарур аст, ки баробари омўзиши забонњои хориљї, аз љумла русї ва англисї барои пешрафти забони тољикї ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кўшиш ва ѓамхорї намоем. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи њар як фарди ватандўст, аз љумла падару модарон, омўзгорон, ањли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситањои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад.
ЉАМЪОМАДИ ТАНТАНАВЇ БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МОДАР Дар Ќасри фарњанги ноњияи Данѓара ба муносибати Рўзи модар њамоиши бошукўњи идона ва барномаи зебои њунарї доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њамаи бонувонро бо фарорасии ду иди бо-
ни шуњратёри вилоят Майрам ва Сайрам Исоевањо, Муќаддас Набиева, Хайрї Назарова, Гулчењра Содиќова, Фотима Тўраева, Идимоњ Њалимова, Сурайё Ќосимова, Адолат Комилова, Мењриннисо Њољибоева, Хайрї Ватанова, Хатича Ализода, Хиромон
файзу пурнакњату бобаракат - Рўзи Модар ва Наврўзи Аљам шодбош гуфт. Ќайд гардид, ки арљгузорї ба зањмату талошњо, шабзиндадорї, шинохту ќадр ва манзалати модар барои њар як фарди худогоњ ќарз ва рисолати бузурги фарзандї мебошад. Сол то сол истиќболи Рўзи модар дар кишвар бо дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон шукўњу љилои тоза касб карда, ин таваљљуњ бори дигар аз маќому манзалати баланди занон дар љомеа шањодат медињад. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон иброз доштанд, ки Њукумати мамлакат ташаббусњои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирї карда, ба хотири љалби бештари онњо ба вазифањои роњбарикунанда тадбирњои иловагиро амалї мегардонад. Дар заминаи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон маќомоти
Ќурбонова, Моњшариф Давлатова, Озодамоњ Муњтарамова, Ойимгул Давлатова, Зулфия Юсупова, ансамбли оилавии Давлатовањо, дар соњањои адабиёт ва рўзноманигорї Хосият Вализода, Њадиса Ќурбонова, Мањтоб Зокирова, Гулљањон Њалимова, Шарифамоњи Кишвардухт, Робияи Холмирзо, Њуриннисо Ализода, Наталя Ниязова, Нуриннисо Муртазоева, Туњфа Ањмадова, Офоќ Ќодириён, Назокат Олимова, Шарофати Дониёр, Муњаррами Сорбонзод ва дигарон дар рушди маънавиёти кишвар наќши хеле барљаста доранд. Ќурбон Њакимзода зикр намуд, ки роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иљрои дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат љињати тавсеа бахшидани мавќеи занон дар љомеа пайваста чораандешї менамояд ва мушкилињои дар ин самт љойдоштаро сари ваќт баррасї намуда, оид ба њалли онњо тадбирњои амалї меандешад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода сањми занонро дар ободии Ватан ва хурраму назар-
иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятњои дастдошта тадбирњои зарурї андешида, љалби бонувонро дар њамаи зинањои роњбарї дастгирї карда истодааст. Раиси вилоят бо њисси ифтихор аз корнамоию хизматњои ватандоронаи занону бонувони фаъоли Хатлонзамин, аз љумла, Низорамоњ Зарипова, Адолат Рањмонова, Гавњарбї Пиракова, Саодат Амиршоева, Муњаббат Азизова, Ќимматгул Рустамова, Турсуной Алимардонова, Латофат Шарипова, Ќурбонова Руќия Атоевна, Њикоятмоњ Њакимова, Шерзода Ситора Маннон, Мањмадова Тољиннисо Файзалиевна, Хидирзода Махфират Умар, Шарифї Фирўза Бурихонзода, раисони собиќу имрўзаи шањру ноњияњо ва роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, ба монанди Каримова Раъно, Файзова Муњаббат, Шукурова Малика, Рањимзода Раъно, Зоирзода Маърифат, Давлатзода Заррина, Ќурбонзода Њилолбї, Шарифзода Лутфия, Сатторова Зебо Мансуровна, Назарова Тутихон, Саодатбибї Сирољева, Аслбї Наврўззода, Умеда Собирзода, Фариза Абдуллозода ва дигарон ёдовар шуда, барои хизматњои шоёну намунаи ибрати онњо ба халќу давлат арзи сипосу миннатдорї намуд. Сокинони вилояти овозадори Хатлон бо модарону бонувони шуњратмандашон, ки соњибиззату беназир буданд, ифтихор доранд. Имрўз ягон соњае нест, ки бе њузури занон муваффаќ шуда бошад. Санъаткоро-
рабо гардидани њар як гўшаву канори диёр назаррас арзёбї намуда, афзуд, ки занони вилояти Хатлон тамоми донишу неруи худро бањри њифзи арзишњои муќаддаси давлатдории миллї равона карда, сиёсати Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиќ намуда истодаанд. Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Ќурбон Њакимзода маросими таќдими Ифтихорномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як ќатор бонувони фаъол баргузор гардид. Дар љамъомад таъкид шуд, ки соли 2021 барои тамоми мардуми Тољикистон ва тољикони бурунмарзї соли пурифтихор ва фаромўшношуданист, зеро мардуми кишвар бузургтарин љашн - 30-солагии Истиќлолияти давлатии кишвари азизу мањбубамон - Тољикистонро истиќбол менамоянд. Раиси вилоят изњори итминон кард, ки занону бонувони бонангу номуси вилоят бо салиќаи баланди зебоипарастї ва дарки масъулиятшиносї дар тадбирњои ободониву сабзкорї ва хуррамгардонии муњити атроф пешоњанг буда, бо эњсоси баланди ватандўстї ва завќи бадеї дар ин амалњои хайр камари њиммат баста, шурўъ аз хона, кўча, мањалла ва шањру ноњия њиссаи назарраси худро мегузоранд. Барномаи рангини ањли њунари вилоят ба њамоиши идона шукўњу љалол бахшид.
(Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 январи соли 2021)
ТАЉЛИЛИ РЎЗИ МАТБУОТИ ТОЉИК ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Ба муносибати Рўзи матбуоти тољик дар шањри Бохтар љамъомади тантанавї бо иштироки сармуњаррирони рўзномаву маљаллањои шањриву ноњиявї, инчунин беш аз 150 собиќадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид. Нахуст, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо њамроњонаш аз намоиши матбуоти даврии вило-
истилоњи «истиќлолияти давлатї» ва «вањдати миллї» дар баробари истилоњњои «Тољикистон» ва «Ватан», яке аз вожањо ва иборањои серистеъмолтарини матбуоти музофотии Хатлон мебошад. - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љињати таќвият ёфтани пойгоњи техникии идораи нашрияњои мањаллї соли 2020 36 адад компютери нас-
ят дидан карда, бо сармуњаррирони рўзномаю маљаллањои мањаллї доир ба вазъу њолати нашрия, таъминоти техникї ва кадрї, шароити кории онњо суњбат кард. Пасон, дар толори Идораи телевизиони вилоят мулоќоти раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо намояндагони воситањои ахбори омма ва собиќадорони матбуот доир гардид. Дар ин њамоиш инчунин раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Зинатуллоњ Исмоилзода иштирок дошт. Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш ќайд намуд, ки матбуот дар њама давру замон бозгўкунандаи вазъи сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии кишварњо ва мардумон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ эътироф шудааст. Таъкид шуд, ки дар њаќиќат, дар замони муосир матбуот яке аз рукнњои асосї, муњимтарин ва пешбарандаи љомеа ба шумор рафта, бурду бохт дар бисёр љабњањои њаёти љамъиятї ба фаъолияти воситањои ахбори омма марбут мебошад. Воситањои ахбори омма бо фаъолияти њамарўзаи худ, бо роњи тањлилу масъалагузории соњањои гуногуни њаёти љамъиятї дар њалли масъалањои мушаххаси сиёсї, иљтимоию иќтисодї ва фарњангї кумак мерасонад. Имрўз дар сиёсати редаксионии аксари нашрияњои музофотии Тољикистон, бахусус вилояти Хатлон, мавзўи њифз ва тањкими истиќлолияти давлатї, арљгузорї ба арзишњои миллию давлатдории Тољикистони соњибистиќлол, тараннуми сулњу вањдати миллї, зарурати њифозат ва тањкими он, инчунин мубориза бо ифротгароиву терроризм, ташаккули эњсоси ватандорї аз мавзўъњои мењварї ва афзалиятдори фаъолияти эљодї ба њисоб меравад. Аз ин љост, ки тибќи арзёбињо,
ли чорум, 36 адад принтер ва 34 адад дастгоњи суратгирии касбиро харидорї ва ба идораи нашрияњои вилоят, инчунин кафедрањои рўзноманигории донишгоњњои Бохтару Кўлоб таќдим намуд. Њамзамон бо маќсади аз падидањои навини иттилоотї ва журналистї огоњ будану пайвастан ба низоми иттилоотии умумиљумњуриявї бо ибтикори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят як силсила машѓулиятњои омўзишї барои сармуњаррирон, мухбирони суратгир, наворбардорони телевизион гузаронида шуд. “Мо ин иќдомро минбаъд идома хоњем дод”, - афзуд раиси вилоят. Бо маќсади њавасмандсозї ва дастгирии рўзноманигорон, кормандони расонањои хабарии вилоят ва љумњурї, ки дар инъикоси раванди корњои ободониву созандагї, тарѓиби фаъолити бунёдгаронаи соњибкорон, ањли љомеа, ташкилотњои давлатию љамъиятї, имкониятњои сайёњии вилояти Хатлон, рушди дењот, раванди рушду такомули соњањои мухталифи хољагии халќ дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон фаъолона ширкат меварзанд, ќарори Раиси вилояти Хатлон аз 6 апрели соли 2020, №106 дар бораи ташкили озмуни вилоятии эљодии “Эъљози Истиќлол” бароварда шуд. Ѓолибони озмун дар арафаи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз рўйи ду номинатсия бо мукофти пулї дар њаљми 10000 сомонї (барои љойи якум), 5000 сомонї (барои љойи дуюм) ва 2500 сомонї (барои љойи сеюм) ќадрдонї карда мешаванд. Ќайд гардид, ки сокинони вилояти Хатлон имсол ба зиёда аз 200 њазор нусха нашрияву маљаллањои
даврии љумњуриявї, вилоятї ва мањаллї обуна шудаанд, ки ин раќам дар ќиёс бо солњои пешин хеле зиёд буда, аз афзоиши обрўву нуфузи нашрияњо ва талаботи хонандагон дарак медињад. - Дар чунин шароит њайатњои эљодии нашрияњои вилоятї, шањрию ноњиявї бояд бањри бењтар кардани муњтавои матлабњояшон фикр кунанд, - масъалагузорї намуд раиси вилоят Ќурбон Њакимзода. - Матбуоти даврии мањаллї бояд бозоргир шавад, аз ќолабњои куњна, чопи маводњои дилгиркунанда худдорї намояд. Талаботи аудиторияи замони нав ба инобат гирифта шавад. Дизайни сањифањо муосир, чашмрас ва диќќатљалбкунанда шаванд. Хулоса, муњаррирон ва њайати эљодї бояд тавре корро ба роњ монанд, ки шумораи обуначиён бештар афзояд, хонанда матлабњои табъи дилашро дар сањифањои матбуоти мањаллї пайдо намояд. Таљрибаи бисёр таъсирбахши “мактаби устоду шогирд”, ки имрўзњо дар идорањои нашрияњо ба таври лозимї истифода намегардад, дубора ба кор бурда шавад. Раиси вилоят ба рўзноманигорон барои њамкории хубу пурсамар, дастгирии сиёсати давлатї, тарѓибу ташвиќи арзишњои миллию давлатдорї, инъикоси васеи корњои ободонию созандагї дар доираи омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї миннатдории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлонро баён намуд. Дар љамъомад, њамчунин, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Зинатуллоњ Исмоилзода ањли эљоди вилояти Хатлонро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, аз таваљљуњи роњбарияти олии мамлакат ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ба воситањои ахбори омма ёдовар гардид. Ба ќавли З. Исмоилзода, ВАО дар њифзи дастовардњои Истиќлолияти давлатї, таќвияти пояњои давлатдорї, татбиќи њадафњои стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистон, инъикоси дастовардњои иќтисодию иљтимої ва фарњангї, баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи љањон ва аз њама беш, дар тањкими амнияти давлат, оромию субот ва вањдату њамраъии мардуми мамлакат љойгоњи арзишманд дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити љањонишавї, ки садњо падидањои номатлуб ва хатарњоро пеш овардааст, бояд намояндагони ВАО бо донишу љањонбинии васеъ, касбият ва содиќ будан ба Ватан дар тањкими суботу амният ва вањдати миллї дар кишвар сањми босазо гузоранд. Пасон, маросими таќдими Љоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2020 барои бењтарин маводи журналистї барпо гардид. Ќайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 400 маводи журналистї пешнињод
шудааст, ки назар ба соли гузашта 150 адад бештар мебошад. Њамин тавр, аз рўйи номинатсияи “Бењтарин маќолаи тањлилї” Манучењр Њасанов – хабарнигори нашрияи «Њамрози Халќ», Шариф Абдулњамид – рўзноманигори нашрияи “Омўзгор” дар минтаќаи Кўлоб, Махфират Шоимова – котиби масъули маљаллаи «Сафо», дар номинатсияи “Бењтарин барномаи телевизионї” Низомиддин Исоев – хабарнигори ТВ «Сафина» дар вилоят, Љумъагул Мирзоева – хабарнигори ТВ «Хатлон», Худойдод Раљабов – хабарнигори ТВ «Тољикистон» дар вилоят, дар номинатсияи “Бењтарин барномаи радиої, маводи чандрасонаї ва интернетї” рўзноманигорон Зокир Њасан ва Сайрањмон Назриев, Љумъахони Бобохон – хабарнигори радиои «Хатлон», Комилов Низомиддин - рўзноманигори мустаќил аз шањри Кўлоб, дар номинатсияи “Бењтарин рўзномаи шањрї (ноњиявї)” нашрияњои «Нури Норак», «Набзи Бохтар» ва «Субњи мењнат»-и Муъминобод, дар номинатсияи “Бењтарин маљалла ва нашрияи соњавї” нашрияи Коллељи омўзгории ДДК - «Маърифат», маљаллаи Раёсати маорифи вилоят - «Мактаб», маљаллаи Раёсати тандурустии вилоят - “Ганљи Сино”, дар номинатсияи “Бењтарин лавњаи телевизионї ва фоторепортаж дар бораи мавзеъњои сайёњї ва њунару анъанањои мардумї” гурўњи эљодии Раёсати «Тољикфилм» дар вилоят, Таваралї Соњибназаров – хабарнигори ТВ «Тољикистон», Далер Шарипов - хабарнигори нашрияи «Бањори Аљам», дар номинатсияи “Бењтарин сомонаи интернетї” сомонаи МИЊД-и вилояти Хатлон, сомонаи МИЊД-и шањри Кўлоб ва сомонаи нашрияи “Пайк” ѓолиб дониста шуданд. Ѓолибон бо дипломњои дараљањои 1, 2, 3 ва мукофоти пулї дар њаљми 1500, 1000 ва 500 сомонї ќадр гардиданд. Аз љониби раиси вилоят пешнињод гардид, ки дар оянда дар доираи озмуни вилоятии эљодии “Неруи сухан” номинатсияњои нав “Бењтарин наворбардор/сањифабанди нашрия”, “Рўзноманигори соњибмактаб” ва “Бењтарин котиби матбуотї” таъсис дода шавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз иштироки фаъолонаи ањли ќалам дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” изњори ќаноатмандї карда, ба њамаи иштирокчиён сарбаландию илњоми саршори эљодї таманно намуд. Дар љамъомад, инчунин ба як ќатор собиќадорони матбуот, рўзноманигорони фаъол Сипосномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишонњои сарисинагии “Аълочии матбуоти Тољикистон”, “Аълочии фарњанги Тољикистон”, Ифтихорномаи Иттифоќи журналистони Тољикистон таќдим карда шуд. Њангомаи ИСМАТ
Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон