ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №22 (3207)
шанбе, 25 майи соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Данѓара дар гузашта ва имрўз яке аз калонтарин ва пешќадамтарин ноњияњои аграрию саноатии кишвар ба шумор меравад. Хољагидорони ноњия дар таъмини ањолии кишвар бо ѓалла, тухмии зироатњо, хошок ва дигар мањсулоти кишоварзї сањми сазовор мегузоранд. Эмомалї Рањмон
Оѓози сафари кории Эмомалї Рањмон дар ноњияи Данѓара
Пешвои миллат: «Хатлон дар таъмин намудани бозори дохилии кишвар бо мањсулоти кишоварзї имкониятњои зиёд дорад» Суханронии президенти љумњурии тољикистон, пешвои миллат эмомалї рањмон дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон, 24 майи соли 2019, ноњияи Данѓара Њозирини гиромї! Дар мулоќоти соли гузашта мо масъалањои рушди иќтисодиву иљтимоии шањру ноњияњои вилояти Хатлон, аз љумла вазъи соњаи кишоварзиро њамаљониба баррасї намуда, роњбарону масъулонро вазифадор карда будем, ки доир ба њалли мушкилоти мављуда ва бартараф кардани камбудињо чорањои зарурї андешанд. Масъалањои вобаста ба татбиќи Барномаи рушди иќтисодї ва иљтимоии вилояти Хатлон барои солњои 2016-2020 бо дарназардошти хусусиятњои хоси иќтисодии вилоят ва бо истифода аз захираву имкониятњо љињати таъмин намудани рушди соњањои афзалиятнок, дастгирии соњибкорї, љалби њарчи бештари сармояи дохиливу хориљї, зиёд кардани коркарди мањсулоти кишоварзї ва афзоиш додани њаљми содироти он, таъсиси корхонањои истењсолї ва муњайё кардани љойњои нави корї аз љумлаи дастурњои додашуда буданд. Хатлон яке аз вилоятњои калонтарини Тољикистон буда, дар ташаккули маљмўи мањсулоти дохилии мамлакат наќши калидї мебозад. Тањлилњо нишон медињанд, ки бо вуљуди дастовардњои солњои охир, вилоят ва шањру ноњияњои он имконият ва иќтидорњои худро то ба имрўз ба таври пурра истифода накардаанд. Дар доираи Барномаи миёнамуњлати рушди иљтимоиву иќтисодии вилояти Хатлон амалї намудани 279 лоиња пешбинї шудааст, вале то имрўз дар 172 лоиња иљрои корњо таъмин нагардидааст. Татбиќи лоињањо дар доираи барномањои рушди иљтимоиву иќтисодии шањру ноњияњои Кўлоб, Фархор, Њамадонї, Левакант, Балљувон, Кўшониён, Вахш, Восеъ, Ќубодиён, Темурмалик, Љайњун, Хуросон, Носири Хусрав, Шањритўс ва Абдурањмони Љомї дар сатњи нињоят паст ќарор дошта, иљрои онњо дар ин шањру ноњияњо то 30 фоизро ташкил медињад, ки ин боиси нигаронї мебошад. Вобаста ба ин, роњбарони Кумитаи рушди мањал, вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњоро зарур аст, ки барои дарёфти
сарчашмањои маблаѓгузории бандњои иљронагардидаи барномањои рушди иљтимоиву иќтисодии шањру ноњияњо тадбирњои зарурї андешида, оид ба иљрои онњо то охири соли 2019 ба Њукумати мамлакат њисоботи муфассал пешнињод намоянд Вилоят дар чор моњи соли 2019 аз њисоби њамаи манбаъњои даромад наќшаи њаљми умумии буљетро 100 фоиз иљро кардааст, вале сифатнокии он њанўз бењбудиро таќозо менамояд. Ѓайр аз ин, дар соли 2019 ба вилояти Хатлон аз буљети љумњуриявї барои њалли бисёр масъалањои муњим зиёда аз 540 миллион сомонї људо шудааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњоро зарур аст, ки ба масъалањои банаќшагирии дурусти буљетњои мањаллї, мутобиќати харољот ба меъёрњои муќарраргардида, арзёбии имкониятњои воќеии манбаъњои андоз, сифати иљрои буљет ва истифодаи самараноку маќсадноки маблаѓњо эътибори аввалиндараља дињанд. Вазорату идорањои марбута ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои онро зарур аст, ки тавассути таъсиси љойњои кори доимї ва афзоиш додани манбаъњои андозбандї барои таъмини ќисми даромади буљети вилоят тадбирњои зарурї андешанд. Дар ин раванд, масъулон вазифадор карда мешаванд, ки омилњои ба содиршавии љиноятњои коррупсионї мусоидаткунандаро бартараф карда, доир ба њолатњои ѓайримаќсаднок истифода намудани маблаѓњои буљетї, сўиистифода аз ваколатњои мансабї ва дигар ќонунвайронкуниву љиноятњо чорањои иловагї андешанд. Яке аз воситањое, ки барои афзоиши даромади буљети вилоят ва шањру ноњияњо мусоидат менамояд, аз њисоби бунёди корхонаву коргоњњо ва таъсиси љойњои нави корї зиёд гардонидани манбаъњои андоз, рушди бемайлони соњањои истењсолї, аз љумла саноату кишоварзї мебошад. Аз ин рў, масъулонро зарур аст, ки љињати љалби сармояи мустаќим њамкориро бо соњибкорони ватанї тањким бахшанд, корхонањои хурду миёнаи нав таъсис дињанд ва раванди саноатикунониро дар вилоят вусъат бахшанд.
Дар баробари ин, корхонањои азкормондаро ба кор дароварда, љињати ворид кардани технологияњои нави каммасраф чораљўї намоянд. Њамзамон бо ин, дар њалли масъалањои мазкур бо соњибкорон ва шарикони рушд њамкорї карда, ба тањияи лоињањои сармоягузорї ва инноватсионї эътибори аввалиндараља дињанд. Тибќи маълумот дар вилоят моњњои январ-марти соли 2019 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї 1,7 миллиардро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 7,3 фоиз расидааст. Ин нишондињанда аз сатњи миёнаи кишвар ду баробар кам буда, боиси нигаронист. Њадафи чањоруми миллї, яъне саноатикунонии босуръати кишвар роњбарони њар як шањру ноњияро вазифадор месозад, ки корро дар самти таъсиси корхонањои истењсолї ва рушди саноати сабук, аз љумла коркарди мањсулоти кишоварзї таќвият бахшида, њамкориро бо бахши хусусї боз њам васеъ ба роњ монанд. Дар вилоят истењсоли мањсулоти кишоварзї сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аммо бо сабаби набудани корхонањои коркард ќисми зиёди мањсулот талаф ёфта, истеъмол ва истифода намегардад. Аз ин рў, ба бунёди коргоњњои коркарди мањсулоти кишоварзї диќќат додан аз љумлаи вазифањои муњим мебошад. Тибќи маълумоти оморї то 1 апрели соли 2019 дар вилоят ќариб 100 њазор субъекти соњибкории фаъолияткунанда ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2018-ум 3,6 фоиз зиёд мебошад. Њоло дар вилоят љињати сохтмону азнавсозии роњњо, таљдиди неругоњњои барќи обї, пешгирї кардани офатњои табиї, обтаъминкунї ва рушди соњањои маорифу тандурустї 32 лоињаи сармоягузории давлатї амалї гардида истодааст, ки маблаѓи умумии дар доираи онњо азхудшуда 4,2 миллиард сомониро ташкил медињад. Дар назар аст, ки то соли оянда 6 лоињаи нави сармоягузории давлатї ба маблаѓи 2 миллиард сомонї татбиќ мегардад. Бо вуљуди ќаноатбахш будани чунин вазъ, татбиќи лоињањо вусъати бештар мехоњад, зеро иќтидорњо дар вилоят хеле зиёданд.
Дар соли 2018 ва се моњи соли 2019 ба шањру ноњияњои вилоят аз љониби ташкилотњои ќарзї зиёда аз 1,6 миллиард сомонї ќарз дода шудааст, ки 85 фоизи он аз ќарзњои хурд иборат мебошад. Њаљми умумии ќарзњои додашуда дар њудуди вилоят дар семоњаи якуми соли 2019 назар ба њамин давраи соли гузашта 36 фоиз афзудааст, вале њиссаи он њамагї 20 фоизи њаљми умумии ќарзњои кишварро ташкил медињад. Зиёда аз 50 фоизи ќарзњои ба вилоят додашуда ба 6 шањру ноњия – Кўлоб, Бохтар, Абдурањмони Љомї, Ёвон, Шањритўс ва Љайњун рост меояд. Бинобар ин, Бонки миллї бояд якљо бо Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї сабабњои нисбатан кам будани ќарзро ба як ќатор шањру ноњияњои вилоят омўхта, якљо бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњои он љињати баланд бардоштани сатњи дастрасии ањолї ва соњибкорон ба воситањои молиявї ва фаъолнокии иќтисодии ањолї чорањои амалиро роњандозї намояд. Илова бар ин, зарур аст, ки њаљми бештари ќарзњо, дар навбати аввал, ба соњибкории истењсолї људо карда шавад. Дар семоњаи якуми соли 2019 аз 2089 корхона 712 корхона фаъолият накардааст ва аз 520 корхонаву коргоњњои саноатї 209 корхона умуман фаъолият накарда, дар 54 корхона њаљми истењсоли мањсулот дар муќоиса бо њамин давраи соли гузашта кам шудааст. Аз ин лињоз, Вазорати саноат ва технологияњои нав, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои онро зарур аст, ки фаъолияти корхонањои саноатии камфаъолият ва аз фаъолият бозмондаро тањлил карда, љињати бартараф намудани камбудињои љойдошта чорањои фаврї андешанд. Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якљо бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо масъалаи тибќи муќаррарот бекор кардани асноди корхонањоеро, ки беш аз панљ сол хусусї шудаанду то ба њол љињати азнавсозї ва рушди
(Давомаш дар сањ. 2)
23 май соли 2019 Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо сафари корї бо маќсади иштирок дар ифтитоњи як ќатор иншооти таъиноти гуногун, шиносої бо вазъи корњои кишоварзї ва суњбату мулоќот бо сокинон ба ноњияи Данѓара ташриф оварданд. Њар як ташрифи Сарвари давлат ба ин ё он гўшаи диёр муждаи ободонї ва созандагист. Ин навбат низ бо иштироки Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон як ќатор иншооте, ки аз љониби сокинони ватандўсти ноњия бунёд шудаанд, ифтитоњ карда мешаванд. Сафари кории Президенти мамлакат аз шиносої бо дастовардњои хољагидорон, ѓаллакорон, чорводорон ва дигар ризќофарони вилояти Хатлон оѓоз гардид. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи сафари корї дар ноњияи Данѓара нахуcт аз намоиш-фурўши мањсулоти кишоварзї ва саноатии шањру ноњияњои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнўш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд. Данѓара дар гузашта ва имрўз яке аз калонтарин ва пешќадамтарин ноњияњои аграрию саноатии кишвар ба шумор меравад. Хољагидорони ноњия дар таъмини ањолии кишвар бо ѓалла, тухмии зироатњо, хошок ва дигар мањсулоти кишоварзї сањми сазовор мегузоранд. Дашту сањрои фароху заминњои нопайдоканори зироатњои гуногун, иќлими мусоиди рушди соњањои зироаткорї, пахтакорї, чорводорї, парандапарварї ва таљрибаи бойи андўхтаи мењнаткашон ноњияро дар љумњурї ва берун аз он машњур кардааст. Дар намоишгоњи мањсулоти дастранљи мењнаткашони вилоят натиљаи мењнати сокинони ноњия ва хољагињои дењќонии он ба таври шоиста муаррифї карда шуд. Зимни боздиди Сарвари давлат таъкид гардид, ки њадафи давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуќаворї дастрасии бештари ањолии шањру ноњияњои мамлакат бо мањсулоти хушсифату арзон ва аз љињати экологї тоза мебошад. Њамасола кишоварзони шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар асоси иљрои дастуру супоришњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти истифодаи пурсамари замин ва интихоби тухмињои хушсифат майдони кишти зироати гуногун ва боѓоти содиротиро бештар намуда, баробари таъмини талаботи дохилї ба хориљ аз кишвар њам дар њаљми зиёд мањсулот содир менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моњи соли равон њаљми умумии истењсоли мањсулоти кишоварзї дар њамаи бахшњои хољагидории вилояти Хатлон ба 797 миллиону 254 њазор сомонї расидааст, ки нишондоди мазкур нисбат ба њамин давраи соли гузашта 65 миллиону 508 њазор сомонї зиёд буда, суръати афзоиш 109 дарсадро ташкил додааст.
Дењаи хушманзараи Пушинг ба як шањраки ободу зебои муосир табдил ёфтааст Суханронии асосгузори сулњу вањдати миллї - пешвои миллат эмомалї рањмон дар мулоќот бо сокинони дењоти Пушинги ноњияи Данѓара, 23 майи соли 2019, ноњияи Данѓара Њамдиёрони азиз! Мо имрўз ба назди шумо, сокинони шарафманди дењоти Пушинги ноњияи Данѓара омадем, ки бо натиљањои зањмати созанда ва дастоварду комёбињоятон дар љодаи дастгирї кардану амалї намудани дастуру супоришњои Роњбари давлат ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз наздик шинос шавем. Дењоти Пушинг аз љумлаи мавзеъњои бисёр бостонии Тољикистон мебошад. Дар асари “Тољикон”- и Бобољон Ѓафуров ин мавзеъ ба сифати як гўшаи ќадимаи кишварамон дар даврањои гуногуни таърихї борњо зикр шудааст. Соли 1954 Пушинг аз љониби бостоншиносон мавриди њафриёт ќарор гирифта, баъди тањќиќоти илмї аз дохили гањворасангњои дења ба миќдори зиёд тангањои тиллоии мансуб ба замони Кўшониён бо акси шоњ ёфт шудааст. Ин ва бисёр далелњои дигар гувоњї медињанд, ки Пушинг аз ќабили дењањои ќадимтарини Осиёи Миёна ба њисоб рафта, дар замонњои куњани таърихї, њамчунин, бо номи Њушанг низ ёдовар шудааст. Дар натиљаи њафриёти
бостоншиносї аз њудуди дења осори се ќабати таърихии рўзгори сокинони он ошкор шудаанд, вале онњо то ба њол мавриди омўзиши њамаљониба ќарор нагирифтаанд. Дар њудуди дењаи Пушинг се ќалъа вуљуд доштааст, ки бар асари њуљумњои аљнабиён хароб гардидааст. Дар дења оташдонњои оњангудозї, шабакањои махсуси обёрї ва хатти оби ошомиданї фаъолият мекардаанд, ки нишонањои онњо то ба имрўз боќї мондаанд. Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар байни сокинони Пушинг ѓайр аз кишоварзиву чорводорї, инчунин, њунарњои кулолгарї, оњангудозї ва косибї низ ривољ доштаанд. Пушинг, њамчунин, яке аз марказњои илму фарњанг ва њунармандии минтаќа ба шумор мерафтааст. Сокинони он имрўз низ омўзиш ва пос доштани меросу анъанањои илмиву адабї ва фарњангии гузаштагони некноми худро идомаи нек мебахшанд. Вобаста ба ин, Вазорати фарњанг, Академияи илмњо, Кумитаи рушди сайёњиро зарур аст, ки доир ба омўзиши мавзеъњои таърихии ин гўшаи диёрамон корњои тањќиќотиро ба роњ монда, барои
љалби сайёњон ба ин макон маводи таблиѓотї ва муаррификунандаи њунару фарњанги сокинони онро тањия ва интишор намоянд. Њозирини гиромї! Дењоти Пушинг соли 1932 таъсис ёфта, њоло аз 8 дења - Пушинг, Паркамчї, Ѓиљовак, Алиљон, Моњпора, Дилнишин, Шаршар, Олучадара иборат мебошад ва дар њудуди он ќариб 15 000 нафар ањолї кору зиндагї дорад. Дар замони соњибистиќлолии кишвар, бахусус, солњои охир дар натиљаи таваљљуњи хосаи Њукумати мамлакат ва зањмати содиќонаи сокинони зањматпешаи он симои зоњирии дењањои Пушинг куллан дигаргун шуда истодааст. Дар ин муддат тавассути сафарбар намудани захираву имкониятњои худї ќариб дар њамаи дењањо муассисањои иљтимої, аз љумла мактабњо, коргоњу корхонањои истењсолї, марказњои хизматрасонї, филиали бонкњо, роњњо ва дигар инфрасохтори зарурї, инчунин, боѓњои дарахтони мевадињанда ва ангурзорњо бунёд гардидаанд. Имрўзњо ба истиќболи сазовори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї дар саросари мамлаката-
мон корњои созандагиву ободонї босуръат љараён дошта, дар ин раванд, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Данѓара низ якљо бо соњибкорони ватандўсти дењоти Пушинг дар ин гўшаи зебоманзари кишварамон мувофиќи наќша бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро оѓоз карда, аллакай, сохтмони зиёда аз 60 иншоотро ба анљом расонидаанд. Сокинони дењоти Пушинг дар назди худ маќсад гузоштаанд, ки дењаи хушманзарашонро дар зарфи ду соли оянда бо зањмати дастаљамъона ба як шањраки ободу зебои муосир табдил дињанд. Бинобар ин, њоло бо њиммати соњибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандўсти дењот ва ноњия бунёди боз садњо иншооти дигар босуръат идома дорад. Ќобили зикр аст, ки њамаи ин наќшањои ободонї бо ќувваи худи мардуми дењот ва бидуни љалби маблаѓњои буљетї амалї шуда истодаанд. Имрўз мо дар Пушинг намунањои зањмати ватандўстонаи сокинон ва соњибкорони њимматбаланди дења - муассисаи нави тањсилоти умумї, таваллудхона ва гулгашти зебое,
ки дар шафати он бунёд шудааст ва майдончаи муосири варзиширо ба истифода супоридем. Њамчунин, роњи мошингарди Данѓара-Пушинг ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ин роњ, ки ќариб 30 сол инљониб бисёр харобу валангор буд, бо дастури Роњбари давлат аз љониби ширкати “Роњи Тољик” мутобиќ ба стандартњои байналмилалї пурра азнавсозї гардид. Варзишгоњи замонавие, ки њоло мулоќоти мову шумо дар он баргузор шуда истодааст, боз як намунаи њиммати соњибкорону сокинони дења мебошад. Илова бар ин, Роњи ПушингШаршар бо дарозии 3,5 километр аз љониби соњибкорон ва ањолї сангфарш гардидааст ва моњњои наздик мумфарш карда мешавад. Дар баробари ин, кўчањои марказї ва роњњои дохилии дењаи Пушинг ба масофаи зиёда аз 16 километр мумфаршу чароѓон гардида, дар атрофи онњо њазорон бех дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудаанд. Аксари иншооти таъиноти иљтимоиву хизматрасонии дар ин дењоти дурдасти ноњияи Данѓара
Њаљми истењсоли мањсулоти кишварзї дар њамаи бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї бошад, дар ин давра 191 миллиону 630 њазор сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш 129,2 фисадро дар бар мегирад ва ин раќам дар муќоиса ба њамин давраи соли сипаригардида 43 миллиону 258 њазор сомонї зиёд аст. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суњбати самимї бо кишоварзон љињати боз њам афзоиш додани мањсулоти аз љињати экологї тоза дастуру њидоятњои судманд доданд. Таъкид гардид, ки соли љорї зањматкашони вилояти Хатлон дар майдони 308 њазору 124 гектар кишти зироати гуногунро ба роњ мондаанд, ки 109 дарсади дурнаморо ташкил медињад. Дар ин давра 129 њазор 906 гектар ѓалладонагињо, 130 њазору 898 гектар зироати техникї, аз љумала пахта, 19 њазору 19 гектар сабзавот, 6 њазору 526 гектар картошка, 11 њазору 627 гектар полезињо ва 10 њазору 148 гектар хўроки чорво кишт карда шудааст. То имрўз њосили 500 гектар ѓаллазор љамъоварї гардидааст, ки кишоварзон 1 њазору 750 тонна мањсулот ба даст овардаанд ва ин нишондод нисбат ба њамаи давраи соли гузашта 760 тонна зиёд мебошад. Аз майдони 6 њазору 891 гектар сабзавот бошад, то имрўз 186 њазору 302 тонна мањсулот љамъоварї шудааст, ки нисбати соли гузашта 71 њазору 210 тонна бештар аст. Аз майдони умумии зироати картошка бошад, њосили 1 њазору 396 гектари он гирдоварї ва 22 њазору 388 тонна њосил ба даст омадааст, ки дар ќиёс ба ин давраи соли гузашта 13 њазору 373 тонна зиёд мебошад. Тавре кишоварзони вилоят таъкид медоранд, соли равон бо мусоид омадани обу њаво њосили сабазвоту меваљот нисбат ба солњои ќаблї бамаротиб зиёд буда, зањматкашони шањру ноњияњои вилояти Хатлон тавонистаанд, ки дар баробари таъмини бозори дохилї раванди содироти онро ба хориљ аз кишвар њам суръат бахшанд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз аз майдони умумии боѓњои њосилдињандаи шањру ноњияњои вилоят 3 њазору 388 тонна мањсулот, аз љумла гелос, олу, шафтолу ва зардо-
лу љамъоварї гардидааст, ки нисбати соли гузашта 1 њазору 571 тонна зиёд мебошад. Аз њаљми умумии њосили боѓот то ба њолати 17 майи соли равон 13 њазору 113 тонна мањсулот содирот шудааст. Иброз гардид, ки ин омор дар муќоиса ба соли гузашта аллакай 5 њазору 691 тонна зиёд мебошад. Аз љумла, 12 њазору 292 тонна пиёз ба Федератсияи Россия, Љумњурињои Ќазоќистону Афѓонистон ва Украина содирот шудааст. Дар намоишгоњ намунаи мањсулоти кишоварзї, аз ќабили гўшт, ду намуд картошка, ду намуди помидору бодиринг, карам, гулкарам, сирпиёз, пиёз, каду, ќаламфури булѓорї, кабутињо, мевагињо, зардолу, гелос, њандалак, себи пешпазак, шафтолу олуболу, лимў, ќулфинай, лаблабуи сурх, 8 намуд ѓалладонагињо, асал, молу маводи истењсоли корхонањои саноатї пешкаш гардид. Мањсулоти тару тозаи кишоварзони шањру ноњияњои вилоят, ки дар растањо ба намоиш гузошта шуда буд, аз рушди муттасили ин соња ва зањмати шабонарўзии мењнаткашон шањодат медод. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба кишоварзону хољагидорон љињати самаранок истифода намудани њар як ваљаб замин маслињатњои муфид доданд. Тавре ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, њамасола дар пайи амалї гардидани њадафњо дар самти афзоиш додани мањсулоти кишоварзї ва содироти он ба хориљ аз кишвар сатњи зиндагии хољагидорону кишоварзон бењтар мегардад. Рушди соњаи занбўриасалпарварї низ дар миќёси вилоят назаррас буда, зањматкашон њамасола бо афзун намудани шумораи оилањои он дањњо тонна асали аз љињати экологї тозаю серѓизо ба даст меоранд. Айни њол шумораи оилањои занбўри асал дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 60 њазору 950 оиларо дар бар мегирад, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 860 оила зиёд мебошад. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамзамон дар ин намоишгоњ бо њунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонњои лазиз машѓул буданд, шинос шуда, ба њунари онњо тањсину офарин хонданд. Сарвари давлат онњоро барои омўзонидани нозукињои ин њунар ба љавондухтарон њидоят карданд.
бунёдшуда гувоњи равшани дар доираи Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї обод гардидани як гўшаи ватанамон, бо шуѓл таъмин намудани сокинон ва дастаљамъона амалї кардани дастуру супоришњои Роњбари давлат ба пешвози сисолагии Истиќлолияти давлатии кишвари мањбубамон мебошанд. Чунонки зикр гардид, дар маркази дењаи Пушинг мактаби њозиразамон барои 1520 нафар хонанда бо 30 синфхонаи барњаво, маљлисгоњ ва толору майдончаи варзишї ќомат афрохтааст, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони сокинони дења шароиту имкониятњои бењтарин фароњам оварда шудаанд. Њамчунин, аз љониби соњибкорони саховатманди дења барои бењсозии сатњи хизматрасонии тиббї ба њамдењагони худ, пешгирї кардани беморињо ва коњиш додани сатњи фавти модару кўдак маркази саломатї азнавсозї гардида, дар шафати он таваллудхонаи муосири муљањњаз бо тамоми таљњизоти зарурї сохта шудааст. Бо иќдоми дастаљамъонаи сокинону соњибкорон дар дења, инчунин, њавзи калони захираи об барои парвариши моњї ва эњтиёљоти кишоварзї, ки дар маљмўъ, шаш гектарро ташкил дода, имкони то 400 гектар обёрї карданро дорад, дар давоми як сол азнавсозї шуда, дар он барои 10 нафар љойи кори доимї муњайё гардидааст. Бо дарназардошти он, ки сокинони дења беш аз сї сол инљониб аз норасоии об танќисї мекаши-
данд, бо дастгириву маблаѓгузории соњибкорони мањаллї дар дења панљ чоњи амудї ва ду обанбор бунёд шудааст, ки яке аз онњо барои нигоњдории оби ошомиданї ва дигаре њамчун њавзи моњипарварї ва обёрии заминњои кишоварзиву боѓњои дења истифода карда мешавад. Бо маќсади дар тамоми фаслњои сол бо оби ошомиданї таъмин кардани ањолї аз канали асосї ба масофаи 7,5 километр хатти оби ошомиданї кашида шуда, обанбор барои 500 метри мукааб бунёд гардидааст. Обёрии 500 гектар замини лалмии дења, парвариши дарахтони мевадињанда ба роњ монда, барои минбаъд беталаф нигоњ доштани меваю сабзавот сардхона бо ѓунљоиши 100 тонна мањсулот бунёд карда шудааст. Раванди корњои ободонї дар дигар дењоти Пушинг, аз љумла Дилнишин, Ѓиљовак, Паркамчї, Алиљон, Офтобрўя, Шаршар, Олучадара ва Гули зиндон низ бомаром идома дошта, аз љониби соњибкорону шахсони эњсонкор мактабу бунгоњњои тиббї ва хатњои оби нўшокї сохта шудаанд. Дар дењаи Паркамчї бо иќдоми соњибкорон мактаб ва таваллудхонаи муосир бунёд шуда, роњњои байни дења ва хатњои интиќоли неруи барќ азнавсозї гардидаанд. Дар дењаи Ѓиљовак якуним километр роњи дохилї мумфарш ва майдончаи варзишї сохта, ба истифода дода шудааст. Њоло дар ин дења аз њисоби
(Давомаш дар сањ. 2)