39 2016

Page 4

Аз мо дуруст

Марде ба Русия меравад ва баъди як ҳафта ба ҳамсараш занг зада, мегӯяд: -Медонӣ, ман ба синни 48 даромадаму он қадар забони русиро намефаҳмам. Аммо дар ин ҷо кӯдаки 2-3 солааш ҳам бо забони русӣ нағз гап мезанад.

Водку сделал

Марде, ки забони русиро хуб намедонист дар Русия бемор мешавад. Ба духтур муроҷиат мекунад. Духтур аз бемориаш мепурсад, мард ҷавоб медиҳад:. -Я бе-гал бе-гал бе-гал и водку сделал. Потом пил морозную воду и гриппом стал.

Я курица

Мард дар кӯча сигоркашон рафта истода, бо зане дучор мегардад, ки ӯ ҳам сигор мекашид. Аз зан мепурсад: -Вы что, курица? Зан бо қаҳр мегӯяд: -А ты что петух? Мард сигорашро нишон дода, мегӯяд: -Нет, я тоже курица. Овардаҳои Фархунда РАҲИМҶОНОВА, хонандаи синфи 11, МТМУ № 19.

=Саҳифаи "Резачин"= Дӯстам Толиб аз касалии фишорбаландӣ азият мекашид. Ӯро чанд муддат дар беморхона табобат карданд. Ба хонааш ҷавоб шуда баргашту хешу табор ба аёдату ҳолпурсиаш омаданд. Холаи Толиб низ аз қатор намонда, рӯзе барои дидани хоҳарзодааш ба хонаи онҳо ташриф овард. Баробари бо ҳам рӯ ба рӯ шудан зан воҳимаро бардошт: -Ваҳ, Толибҷони хола, ба ту чӣ шуд? Ин қадар худатро гирондаӣ? Касалии давления туро харобу абгор кар-

Мағзи калла мағзи пиставу бодом нест, ки одамизод кадом вақте хоҳад аз дӯкон, ё бозор бихарад. Агар чунин мебуд зиндагӣ талхиву ширинии худро гум мекард. *** Соате, ки аз бӯйи нони гарм лаззат мебариву шиками гуруснаат сер мешавад, гоҳ-гоҳе дар ҳаққи оне, ки аз даруни танӯри пуроташ бо гунаҳои сурху тафсон берун мешавад, дуои хайре кардан ҳам қарзу ҳам фарз аст. *** Аксар мардҳо бо қадри зан вақте мерасанд, ки бевамард бимонанд ва сад пушаймон ҳам мешаванд, ки чаро аз зан пеш намурданд. ***

Ниҳоят муноқишаи ману завҷаам баъди ду солу шаш моҳ поён ёфт ва ман оҳи сабуке кашидам. Сабабаш чӣ буд, мегӯед? Сабабаш тарзу усули сарфакорона харҷ кардани маош. Ҳамин, ки моҳ охир мешуд, завҷаам ҳамчун муфаттиш ба суол додан пардохта, як-ду рӯз сари маро гиҷ мекард. Ҳарчанд ба ҳар як сомониву дирам маълумотнома пешниҳод мекардам, бовар намекард ва пайваста такрор ба такрор мегуфт, ки маошро беҳуда сарф кардааму хароҷоти беҳуда карда, ояндаро фикр намекунам. Беғамхӯҷа ҳастаму Ҳотами той барин амал карда гаштааму аққалан як чиз ним чизи харидорӣ мекардаамро маслиҳат намекардаам. -Чӣ хел маслиҳат кунам?-гуфтам ба ӯ, он чи ки ба рӯзгор лозим бошад, харида омада истодаам, ҳар як сомониву ҳар як дирами ман ба ҳисоб гирифта мешавад. Ман дигарон барин ҳарифона нахӯрам, ошхона надароям, чойхона наравам ва харҷи беҳуда надораму ту бошӣ норозигӣ мекунӣ? -Мекунам-дия,-бепарвоёна ҷавоб дод завҷаам,-ғами фардоро хӯрданамон даркор, се сол мешавад ба хонадоршавиамову ҳанӯз фарзанд надорем, вагарна бо ин маоши Шумо лаб лесида мешиштем.

дааст-ку. Эҳтиёт кун бачам худатро. Занат канӣ, ман гӯям ба ту нағзакак нигоҳубин кунад. Холаи Толиб келинро ҷеғ зада, ба маслиҳатдиҳӣ сар кард: -Духтарам, асло бепарво нашаведу аз пайи шавҳаратон бошед. Ба вай се маҳал ҳар рӯз аз гӯшту равғани гӯсфанд авқоти ширину бомазза пазед. Қанду мавизу тухм хӯронед,

Дар як шабонарӯз одамӣ камаш чор маротиба меъдаву шикамашро миннатдор мекунад, аммо барои ақлашро миннатдор кардан ё вақт намеёбад, ё ақлаш намерасад. *** Одаме, ки дар хона ангишт надорад, се моҳи зимистон азоб мекашаду одаме, ки дониш надорад, тамоми умр. *** Ҷон барои ҳамаи ҷондор азиз аст. Пас ба ҷони амонати худ ҷабр макун. Аз даҳ хонаи хиштине, ки месозиву шаберо дар он рӯз намекунӣ як хонаи хасин беҳтар аст. Инро фаромӯш макун, ки дер ё зуд ба хонае меравӣ, ки на дар дорад на дарича, на чароғ дорад на па-

Канӣ, захираи кардагиамон? Ин гуна баҳсу мунозираҳо охири ҳар моҳ ду-се рӯз давом мекард ва ман чӣ кор карданамро намедонистам. Ниҳоят охири моҳи гузашта ҳамин ки маошамро гирифтам ,завҷаамро наздам хондаму гуфтам: -Занакҷон, то имрӯз кассир ман будам ва аз ҳамин рӯз эътиборан бо қарори шӯрои оилавӣ кассир, яъне (хазинадори хона) худат ҳастӣ, ана ин дастаи пул маоши ин моҳаи ман! Занак гул-гул шукуфту пулҳоро шуморида, ба сандуқчааш ҷой кард. Аз ҳамон рӯз сар карда, ҷонам ором гирифт. Зеро ҳар бозор ин чиз вай чиз биёред гӯён як даста пулро ба дастам меқапонд, ки аз ҳисоби таъиноти занак гуфта, ба ман боз пули ҳарифонаву чойхонаву ошхона мемонд ва ман ҳам акнун ба қатори одамон ворид шуда будам. Дигар охири моҳ майнам ором буд, зеро аз рӯи ҳисобу китоби завҷаам маош дуруст ва ҳаматарафа, сарфакорона харҷ шуда истодаасту оянда пули калоне захира хоҳад шуд. Ба мардуми нодон маслиҳат ҳамин, ки завҷаатонро хазинадор таъин кунеду калон-калон хароҷот карда гаштан гиред, вагарна ҳолатон хароб мешавад… Субҳониддин БОБОХОЛОВ.

Ба таваҷҷуҳи молрасону пудратчиён

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД Комиссияи муштараки озмуни хариди МИҲД, воқеъ дар ш. Исфара, кӯчаи Марказӣ 20, (телефон 2-66-01) ва ташкилоти "Харидор" довталабони салоҳиятдорро барои

"Маслихат"

Салла хуб, аммо калла хубтар

Муросо

Н/И

Гарчӣ чун заҳр буд, нӯш омад.

иштирок дар озмуни хариди номгӯйи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон метавонанд

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Беморхонаи марказии шаҳри Исфара

2-6601

Хариди курсии стоматологӣ

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

Дона

1

03.11. 2016, соати 10-00

САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ

Биёед, механдем

барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ ба суроғаи мақоми ваколатдор муроҷиат намоянд. Лифофаҳо бо пешниҳоди довталабон аз ҷониби комиссияи муштарак тибқи тартиби муқаррарӣ кушода мешавад. Лифофаҳо то вақти "сана ва вақти кушодани лифофаҳо" қабул карда мешаванд.

Телефон

МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА

лос. Омодаи ҳамон хона бош. *** Беақливу бетамизии одам аз ин зиёд намешавад. Ба як шаби тӯй аз роҳи дур ба ҳазорҳо сомонӣ сароянда меорад. Аммо ба роҳи вайронае, ки рӯзу шаб аз он пешпо хӯрда мегузарад, сад сомониро дареғ медорад. *** Нодон мабош ва хаёл ҳам макун, ки ҳама чиз аз осмон меафтад. Ҳама чиз баръакс, аз замин мерӯяд, танҳо ақл аз осмон меояд… *** Салла зебост, аммо ба ҳар калла намезебад. Ҳайфи салла ба каллае, ки ба маънои як ҷумла сарфаҳм намеравад. Ҳоҷӣ ҲОҶИБОЕВ.

Агар шуморо таъриф кунанд, хомӯш истед, айбатонро гӯянд, зуд гапро ба дигар тараф гардонед. *** Дидед, ки пулдор даҳро яку сиёҳро сафед мегӯяд, ҳатман тасдиқ кунед. "Замона ба ту насозад ту бо замона соз" гуфтаанд. *** -Ман дидам, вақти ба модарам пулро додан дасти дадом меларзад. -Вақти аз модарат пулгирӣ-чӣ? -Як хел меистад. *** -Як сол мешавад, ки телефони мобилиам қариб, ки бепул кор мекунад. -Аҷиб-ку. Магар ин хел ҳам мешавад? -Ба касе корам афтад, пай дар пай SMC мефиристам. Ночор вай телефон мекунад… *** -Ҳой ошно, мебинем, ки хонаҳои боҳашамат сохтаед. Ин хуб, лекин роҳи назди дарвозаатон вайрон, саг афтад, дандонаш мешиканад. -Ҳамин, ки меҳмонхонаю ҳаммом ва дарвозахона сохта рӯйи ҳавлиро кафел кардам, албатта дар бораи роҳ ҳам фикр мекунам. -Ин тавр бошад, "бузак намур, ки баҳор меояд" гӯед. *** -Писарам, вақти табобат дод задӣ, магар дандонат сахт дард кард?

Ташкилоти харидор

«НАСИМИ ИСФАРА»

қаҳва ҷӯшонида диҳед. Ҳамин корҳоро кунед, Худо хоҳад як ҳафта нагузашта Толибҷони холааш асли қадим барин мешавад. -Хола, гӯшту думбаи гӯсфанд ва он чизҳои гуфтагиатонро духтурон манъ карданд. Мумкин нест ба ман, фақат дору хӯрдан даркор. -Э духтурон гуфтан мегиранд, бачам,-даст афшонд холаи Толиб. Чизҳои ман маслиҳат додагиро хӯрда, аз қафояш сонӣ доруи духтурон фармудагиро мехӯрӣ-дия бачам. Мухтадил ҶӮРАЕВ.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи БР № 218247, ки МТМУ № 1 соли хониши 1985-1986 ба Зикряева Мавҷуда Додохоновна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии Т-ШТА № 0376037, ки МТМУ № 15 соли хониши 20082009 ба Бобоев Наврӯзҷон Баҳодурович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии Т-ШТА № 0811791, ки МТМУ № 29 соли хониши 2012 ба Тошматов Асадулло Набиевич додааст. ***

НАСИМИ ИСФАРА

19. 10. 2016

Чун маро панди ӯ ба гӯш омад,

№ 39

4

Ҷаҳони андеша Ҳарфе чанд аз Эйнштейн Зиндагӣ мисоли велосипедронист. Барои нигаҳдории мувозинат бояд доимо дар ҳаракат бошӣ. *** Қонуни байналхалқӣ танҳо дар маҷмуаи қонунҳои байналхалқӣ вуҷуд доранд. *** Ман ду ҷанг, ду завҷа (зан) ва Гитлерро аз сар гузаронидам. *** Суоли бароям сарбаста ин аст, ки ман девонаам ё атрофиёни ман. *** Ман ҳеҷ гоҳ дар бораи оянда фикр намекунам. Вай худаш зуд меояд. *** Инсоне, ки ҳеҷ гоҳ хато накардааст, ҳеҷ вақт навгоние надидааст. *** Кулли инсонҳо дурӯғ мегӯянд, аммо ин даҳшат нест, зеро касе касеро намешунавад. *** Агар назарияи нисбият тасдиқ гардад, немисҳо мегӯянд, ки ман немисам, франсузҳо бошанд мегӯянд, ки ман шаҳрванди ҷаҳонам. Аммо агар назарияи маро рад кунанд, франсузҳо маро немис эълон мекунанду немисҳо яҳудӣ. *** Мантиқ метавонад шуморо аз нуқтаи А ба нуқтаи Б бубарад, тасаввурот бошад, ба ҳар куҷое, ки хоҳед. *** Он чизеро, ки ба кӯдаки шашсола фаҳмонда натавонед, пас худи шумо онро намефаҳмед. *** Ту ҳеҷ гоҳ наметавонӣ масъалаеро ҳал намоӣ, агар андеша накунӣ, ки онро кӣ офаридааст. *** Оне, ки мехоҳад маҳсули меҳнати худро ба зудӣ бубинад, бояд мӯзадӯз шавад. Аз русӣ тарҷумаи Қудратулло ЭШОНОВ.

-Ман не, духтур дод гуфт. Вай сӯзанро дар комам давр занонд, тоқат кардам. Лек ман дасташро газам, худро дошта натавонист. *** Мард аз рӯйи рамзи пешакӣ муайяншуда ба зани назди тирезаи ошёнаи дуюми таваллудхона истодааш муроҷиат мекунад: -Хӯш пиёз ё помидор? Зан, ки дугоник, ҳам писару ҳам духтар таваллуд карда буд, ҷавоб медиҳад: -Шакароб. Овардаи С. АҲМАД.

Шаҳодатномаи маълумоти асосии А № 005457, ки МТМУ № 28 соли хониши 1998-1999 ба Акрамов Ором додааст. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини А № 0496953, ки таҳти рақами 12737 санаи 12 марти соли 2015 кумитаи идораи замин ба Собитова Ҳанифа додааст. *** Дипломи ТС № 0029743, ки Унверситети давлатии Хуҷанд факултаи ҳуқуқшиносӣ 12 июни соли 2003 ба Алиев Парвиз Ҳабибхонович додааст. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини таҳти рақами 2066, ки санаи 15 январи соли 2016 кумитаи идораи замин ба номи

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст.

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

Рафиева Зулфинисо ба қайд гирифтааст. *** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ «БММF» таҳти рақами инвентарии 2036 дар суроғаи шаҳри Исфара кӯчаи Алишер Навоӣ 8 ба номи Аҳмедов Талат ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шартномаи хариду фурӯши квартира СД №0525756, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, бинои № 16, квартираи 50, ки байни шаҳрвандон Миристоева Фотимахон ва Саидмамадов Рашид Ҷунаевич баста шуда, он дар идораи нотариалии шаҳри Исфара таҳти рақами 4Ш-149 ба қайд гирифта шудааст.

www.nasimisfara.com

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru

Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА. Иҷозат ба чоп: 18. 10. 2016. Адади нашр: 4700.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.