Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 14 (9476) *** Панҷшанбе, 27. 04. 2023
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Бо шукронаи соҳибдавлатӣ Мардуми шарифи шаҳру деҳоти Исфара бо шукронаи давлати соҳибистиқлол ва фазои осудаву ором ва бо руҳияи садоқат ба анъанаҳои неки аҷдодӣ Иди саиди Фитрро таҷлил намуданд.
Д
ар ин радиф нахуст дар тамоми масҷидҳои ҷомеъи ҳудуди шаҳру деҳот намози ид гузошта шуда, дар фаровард намозгузорон барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷовидонӣ пойдор мондани амну осоиштагӣ дар сарзамини тоҷикон даст ба дуо бардоштанд. Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мухтори Абдулло ба масҷиди ҷомеи «Умари одил»-и маркази шаҳр ташриф оварда, бо баробари сидқан шодбош гуфтани аҳли ҳозирин ба муносибати Иди саиди Фитр, қайд карданд, ки Иди саиди Фитр дар кишвари мо бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мақоми расмӣ гирифта, чун анъана ҳар сол таҷлил мегардад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин моҳи шариф бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо рондани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Офаридгор талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ризоият ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масҷидҳои ҷомеъ ташриф оварда, паёми табрикии раиси шаҳрро ба муносибати Иди Фитр ба самъи сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара расониданд.
Дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҳуқуқ ба дидорбинию аёдати нафаре Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси чанд тан аз куҳансолону собиқадорони меҳнат иқдом намуданд. дастуру вазифагузориҳои Муовини аввали раиси шаҳри раиси шаҳри Исфара Исфара Парвиз Файзуллозода Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои Лайсиддин Юсупов аёдатшудагонро миллӣ аёдату хабаргирии бо Иди саиди Фитр самимона собиқадорони меҳнат, муборакбод намуда, бо супоридани шахсони барӯманд ва кумакҳо зикр сохтанд, ки собиқадорони оилаҳои ниёзманд ба ҳукми меҳнат, нафарони ниёзманду эҳтиёҷманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи анъана даромадааст.
Аёдати собиқадорон
Д
ар ин радиф дар рўзҳои таҷлили Иди саиди Рамазон муовини аввали раиси шаҳр Парвиз Файзуллозода дар якҷоягӣ бо раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Лайсиддин Юсупов ва роҳбарони мақомоти ҳифзи
давлату Ҳукумат қарор доранд. Шахсони аёдатшуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат сипосмандии хешро баён намуда, ба хотири таҳкими фазои сулҳу созиш ва истиқлолияти давлатӣ даст ба дуо бардоштанд.
Тақдими мошин Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба нозири минтақавии деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Абдумалик Пӯлотов, ки мошини ӯ дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадии моҳи сентябри соли 2022 сӯхта буд, мошин тақдим карда шуд.
М
уовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд ва раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Лайсиддин Юсупов зимни супоридани мошин баён намуданд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои сарҳадии бавуқуъ омадаи соли гузашта зарари калон расонида шуд, ки ҳамаи онҳо зина
ба зина бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара, соҳибкорону саховатмандон ва аҳолӣ барқарор шуданд. Тақдими мошин низ аз ҳамин гуна амалҳо буда, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои марбута талош мекунад минбаъд пеши роҳи низоъҳои марзӣ гирифта шавад.
Дар арафаи Иди саиди Фитр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти вазорати маориф ва илм ба тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои шаҳраки Шӯроб туҳфаҳои Пешвои раъиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либос иборат буд, тақдим намуданд.
Туҳфаҳои Президенти кишвар ба кӯдакон
К
ӯдакону наврасон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи худро баён намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ба туфайли ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат худро лаҳзае бекасу танҳо ҳис накардаанд ва ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанду дар оянда дар ободониву пешрафти Ватан саҳми шоён мегузоранд. Дар Хонаи бачагони рақами 1-и шаҳраки Шӯроб 24 нафар ятимони кул ва бепарастор тарбият мегиранд. Барои
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддиноваро аёдат карданд.
духтарон ва писарон хобгоҳи алоҳида амал мекунад. Дар ин муассиса ҷиҳати тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва роҳбарияти вазорати маориф ва илм туҳфаҳои Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 80 нафар тарбиятгирандагони мактабинтернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара низ тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои бошандагони ин муассисаи таълимӣ дастархони идона ороста шуд.
Дар меҳмонии Гулафзо Савриддинова
Д
ар ин дидорбинӣ онҳоро муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ҳамроҳӣ дошт. Зимни суҳбати самимиву ошкоро аёдаткунандагон аз саҳми шоиста ва назарраси собиқадорон, аз ҷумла Гулафзо Савриддинова дар пешрафт ва ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти Исфара ёдовар шуда, зикр доштанд, ки давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону
фаъолонро қарор додаанд. Боиси хушнудист, ки собиқадорони хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва мафкуравӣ, амалигашти нақшаву тасмимҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр фаъолона иштирок ва саҳмгузорию мусоидат карда истодаанд. Дар рафти дидорбинӣ бори дигар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр, хосса
шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода қарор доштани собиқадорон ва саҳми назарраси Гулафзо Савриддинова дар пешбурди кишвар зикр карда шуд. Гулафзо Савриддинова бо изҳори сипос ба меҳмонон бо ёдоварӣ аз заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту шаҳр омодагии ҳамешагии худро дар тақвияти корҳои мафкуравӣ ва омӯзонидани таҷриба ба ҷавонон иброз дошт.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
2
"Насими ИСФАРА"
Бо вуҷуди пешрафти илму технология ва ҷаҳонишавии тезу босуръат, ки маҳсули дасти одамизод буда, нақши беҳамтои он дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад, зиндагӣ дар нӯги сӯзан қарор дорад ва масъалаи ҳаёту мамот ҳам дар ин рӯзҳо гоҳе норавшан ба назар мерасад. Давлатҳои абарқудрат бо истифода аз имкониятҳои бештари худ бо мақсади намоиш додани қудрати сиёсӣ ва ба даст овардани сармояи бузург нақшаҳои зиёде кашида барои амалӣ намудани он ба таври доимӣ саъю кӯшиш менамоянд. Имрӯз мо ҳама шоҳиди ҷангҳои Украинаю Россия, пиёда сохтани мақсадҳои ифротию мазҳабии толибон дар Афғонистон ҳастем. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки одамият ҳанӯз ҳам дар шакли комил ба ҳадди гуманизми инсонӣ нарасидаю эҳтиёҷ ба илму дониш ва таълиму тарбия дорад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, моро зарур аст, ки ҷиддан ба илм рӯ оварда, аз ҳарвақта дида бештар хонем, мафкураву ҷаҳонбинии худро ба сатҳи умумиҷаҳонӣ мувофиқ намуда, дониши сиёсиамонро баланд бардорем ва зиракиамонро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. Мардуми тоҷик аз азал соҳиби илму фарҳанги баланд ва ақлу идроки кофӣ буда, ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандаю муносиб гузоштааст. Ҳамагон медонанд, ки аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро Куруши Кабир навиштааст, нахустин парчам маҳсули Коваи оҳангар буд ва нахустин шиори инсондӯстона «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» дар китоби муқаддаси «Авесто» аз ҷониби ниёгони мо баён гардидааст. Ва ё бузургоне чун Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ нақши бориз доштанд. Имрӯз ҳам Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои арзандааш дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг ва варзиш дар олам мешиносанд. Аз ҷумла, ҷавонони бо илму дониш ва ба маърифати мо ҳамасола дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалу мукофотҳо мегарданд ва шарафи миллати тоҷикро баланд мебардоранд. Мо бо чунин Дар ҷаҳонишавии бошитоб гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст. Барои ба даст овардани сарвату боигарӣ байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, тариқи технологияи интернетӣ ҷанги иттилоотӣ рафта истодааст. Аз ин фурсат истифода бурда, душманони миллати тоҷик меҳоҳанд, бо ҳар роҳу восита ба амнияти Тоҷикистон халал ворид созанд. Дар ин марҳала баъзе ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ дар зери ниқоби дини мубини ислом амалҳои террористиву экстермистӣ анҷом дода истодаанду мехоҳанд ба номи Ислом ва мусулмонон доғ биёранд. Ҳадафҳои нопоки худро тавассути дини мубини Ислом пиёда намуда, дар ҷомеа тухми нифоқу бадбинӣ ва нафратро коранд, ҷомеаи имрӯзаро гирифтори бадбахтиҳо созанд. Маълум аст, ки аксари гурӯҳҳои ифротгарои динии муосир бо дастгирӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи доираҳои махсуси сатҳи
27 апрели соли 2023
№ 14 (9476)
Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир, То ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.
Мавқеъ
Рушд ва пешрафти Ватан аз дониш аст
дороияш ҳаст ва фарзандон баъди даргузашташ онро кушода аз воқеъияти ҳол огоҳ шаванд. Фарзандон пас аз марги ӯ сандуқчаро кушода мебинанд, ки он ҷо як каф хок ва қоғазпорае ҳаст. Дар варақ навишта шуда буд: «Фарзандони азиз, аз шумо як хоҳиш дорам ва он охирин орзуи ман. Ин хок, хоки Ватани ман - Бухорои шариф аст, онро ба гӯрам андохта, ҳамин байтро, ки худам навиштаам, ба санги болои сарам нависед».
ҷавонон ифтихор менамоем ва умед дорем, ки онҳо истеъдоду ҳунари худро ҳамеша барои сарсабзии Ватани азизамон сарф менамоянд. Мутаассифона, на ҳама ҷавонон чунинанду аз пайи такмили дониш ва ё тағйир додани ҷаҳонбинии худ кӯшише ба харҷ медиҳанд. Дар шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки бархе аз онҳо ба сомонаҳои гуногун ворид шуда, андешаҳои бефурӯғашонро шабу рӯз дар саҳифаҳояшон менависанд ва охиран ба нависонависи бемаънӣ муҳаббат пайдо карда, дар ботлоқи интернет меғӯтанд. Ин хеле бад аст, албатта. Дар замони муосир интернет як намуди воситаи ахбор шудааст ва нисбат ба рӯзномаю маҷаллаҳо маълумот тавассути он зуд дастрас мегардад. Онро мақсаднок истифода бурдан хуб аст, вале надонистани фарҳанги истифодабарии он аксари ҷавононро гумроҳ менамояд ва ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бештари чунин ҷавонон саводи кофӣ надоранд, китоб намехонанд, таърихро намедонанд, сиёсатро намефаҳманд ва рӯзгори хешро пеш бурда наметавонанд. Онҳо андешаҳои созанда ҳам надоранд. Хоинони миллати мо, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, аз бесаводии ҷавонон истифода бурда, дарҳол онҳоро ба доми худ мекашанд, гумроҳ мекунанд ва ақидаҳои муғризонаи худро
ба мағзи онҳо ворид намуда, аз онҳо манқурт месозанд. Баъдан ба воситаи онҳо ба сари миллату давлати худ сангандозӣ мекунанд. Ватан гаҳвораест, ки оромона хоб меравем, Ватан монанди ҳавоест, ки аз он нафас мекашем, Ватан чашмаест, ки аз он оби ҳаёт менӯшем, Ватан сарзамини ҷонбахшест, ки моро хӯронда мепӯшонад, Ватан китобест, ки мехонем, Ватан имон, Ватан виҷдон, Ватан давлату дороии мост. Ҳар кас, ки ба Ватани худ хиёнат мекунад, ӯ нохалафу носипос аст. Вақте таънаву маломати хоинонро дар сомонаҳои интернетӣ мехонам, катибаи сари қабри як сиёсатмадор ба ёдам мерасад, ки чунин навишта шуда: «Агар донистан хоҳӣ, ки Ватан барои ту чӣ кардааст, сараввал аз худ бипурс, ки ба Ватанат чӣ кардӣ?». Бале, хеле мантиқӣ аст. Онҳое, ки имрӯз моро ва давлатамонро маломат мекунанд, боре ба худашон чунин саволгузорӣ карда бошанд? Бовар дорам, ки не. Зеро ин савол вуҷуди онҳоро месӯзонад, оби дидаҳояшонро мисли дарё ҷорӣ намуда, кӯр мекунад. Чизи дигари ибратомӯзе ҳам хонда будам, ки ба хотирам расид: Амир Олимхон баъди ғуруби давлатдориаш тамоми дороияшро гирифта, ба Афғонистон фирор мекунад. Вақти мурдан ба ворисонаш насиҳат мекунад, ки дар сандуқчае арзишмандтарин
Ватандӯст бояд буд!
минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташкил карда шудаанд. Ин доираҳо хусусан, дин, фарҳанг ва урфу одати ҷомеаҳои мусулмониро даҳсолаҳо омӯхта, фарҳангу рӯҳия ва сатҳи ҷаҳонбинии мардум ва нуктаҳои заифи ин ҷомеаҳоро ба хубӣ медонанд. Онҳо дар вақти зарурӣ аз ин маълумотҳо ба таври васеъ истифода намуда, муслулмони дунёро бар зидди ҳамдигарашон бармехезонанд. Гурӯҳҳои ифротӣ фазои иттилоотиро фаро гирифта, бе зикри ном худ тарафдорони навро ба аъзогии худ ҷалб намуда, барои амалишавии нақшаву мақсадҳои ғаразноку нопоки худ истифода мебаранд. Имрӯз, ки ҷавонону наврасон бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд, ба сайтҳои ин гуна равияҳои ғаразнок ворид шуда, фирефтаи онҳо мешаванд. Аз сабабаи надоштани дониши мукаммал ба суханҳои дурӯғу фитнангезӣ онҳо бовар карда, дар охир бозичаи дасти онҳо мегарданд.
Дар ҷаҳони муосир ин гуна хатарҳо бештар дар минтақаҳои зичи аҳолинишини мусулмон ба назар мерасанд, ки Тоҷикистони мо низ яке аз онҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, имрӯз сокинони минтақа беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳу субот, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотии ҳадафрас ниёз доранд. Дар ин марҳалаи ҳассос ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари муқобилияти ҷиддӣ нишон додан бо терроризм, экстремизм ва радикализм тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза ва бегонапарастӣ мубориза барем. Бахусус ҷавононро аз шомилгардӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав боз дорем. Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду на Ватану
Байт чунин буд: Амири беватан хору ҳақир аст, Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст. Бале, Ватан модар ва падари мост, ки моро ғамхорӣ намуда, ба камол мерасонанд. Пас, қарзи фарзандии мост, ки Ватанро самимона дӯст дошта, барояш хизмат кунем, онро обод карда, аз ҳар гуна нохалафон эҳтиёт ва ҳимоя намоем. Рости гап, вақти сафарбаркунӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари ҷавононеро, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд, дида барояшон офарин мехонам. Аз он ифтихор менамоям, ки чунин ҷавонони ватандӯст ояндаи миллату давлатанд ва онҳо моро аз ҳар гуна душманон ҳимоя карда метавонанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар таъкид менамоянд, ки агар мо худамон бо дастони худ Ватанамонро обод накунем, ҳеҷ кас онро обод намекунад. Дар ҳақиқат панди судманд аст. Ватани азизи мо маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва заҳматҳои мардуми тоҷик ободу зебо шуда истодааст. Аз дурдасттарин деҳоти ҷумҳурӣ то марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда ободу зебо шудааст. Ин ободкориҳо дар натиҷаи иттиҳод, ваҳдат ва на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.” Бетараф будан дар самти пешгирии равияҳои ифротӣ ин хиёнат ба Ватану миллат, дину диёнат мебошад. Бояд дар назар дошта бошем, ки маблағгузорӣ ба васоити иттилоотии созмонҳои террористиву экстремистӣ беандоза зиёд шуда истодааст. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои алоҳидаи иғвоангезӣ худ ва ваъдаҳои дурӯғинашон мехоҳанд ҷавонону наврасонро ба сафи худ ҷалб намоянд. Онҳоро барои амалӣ гаштани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Манбаи гаравиши ҷавонон ба равияҳои хатарзо ин муҳоҷирати меҳнатӣ, надоштани дониши кофии диниву дунявӣ ва бемасъулиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Бинобар ин имрӯз падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, собиқадорон бояд, ҳамарӯза ба
ягонагии мардуми тоҷик ба вуқуъ омада, лаҳза ба лаҳза моро ба сӯйи музаффарияту пирӯзиҳо ва зиндагии шоиста наздик менамояд. Ёдрас кардан мехоҳам, ки бо амр ва супоришҳои Пешвои миллат ҳамасола аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ташкил кардани озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва озмуни дигаре, ки имсол роҳандозӣ мешавад «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» барои баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон, пайдо кардани шавқу завқ ва эҳтиром ба китоб, дӯст доштани Ватан, ифтихор аз фарҳангу адабиёти гузаштаи мардуми тоҷик, бедор кардани эҳсоси худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем». Аз ин рӯ, рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки Ватани худро дӯст дорад, ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорад, дастовардҳои замони истиқлолро ҳифз намояд, ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бирасад, пояндагии ваҳдати миллиро таъмин намояд, то мардуми Тоҷикистони азиз дар фазои орому осуда зиндагии комилу шоиста баранд. Барои расидан ба ҳамаи ин арзишҳо саводнокӣ мавқеи калидӣ дошта, танҳо илму маърифат ва дониши мукаммал метавонад моро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои глобалии замони муосир эмин нигоҳ дошта, барои рушд ва пешрафти Ватан такони ҷиддӣ бахшад. Маҳмудҷон НИЁЗӢ, директори Қасри фарҳанги деҳаи Ворух, узви КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара.
фарзанд, хешовандоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд, таъкид кунанд, ки маблағҳои афсонавие, ки ин ё он ашхоси бегона ваъда медиҳанд дурӯғ аст ва он ба гумроҳиву фалокат оварда мерасонад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар таҳкими сулҳу суботи минтақа, амнияту оромии сокинони кишварамон пайваста талош намоем. Пеши роҳи паҳншавии ғояҳои харобиовар ва барои миллату мазҳаби мо бегонаро гирем. М.АҲМЕДОВ, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри шаҳри Исфара.
3
"Насими ИСФАРА"
Фаҳмиши тарбияи хонандагон дар назария ва амалияи илми педагогика ва психологияи муосир ҳамчун арзишҳои умумиинсонӣ ҷойгаҳи густурдаи худро соҳиб гардидааст. Тарбияи хонандагон дар мактаб – ин шаклгирии инсонгароӣ дар одату анъана, расму оин ва муоширату муносибати одамон мебошад. Худи мафҳуми тарбия кардан маънои ғамхорӣ ва парвариш намудан, муҳофизат кардан, меҳрубониву дӯстдорӣ, инсонгароӣ нисбат ба насли наврасро ифода мекунад.
Тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба шумор рафта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тамоми давлатҳои дунё ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, саҳмгирӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Чанд соли охир баҳри дуруст тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар кишвар “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027”, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки худ аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавонони кишвар ба хубӣ бозгӯӣ мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2021, бо роҳи зӯроварии мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ ташкилоти террористӣ – экстремистӣ “Ҳаракати Толибон” дар кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон ба сари қудрат омада буд. Барои чӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ “Ҳаракати Толибон” – ро дар Афғонистон ҳамчун ташкилоти террористӣ– экстремистӣ ва роҳбарони феълии онро бошад, террористу экстремист ном мебаранд? Барои он, ки терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишору зӯроварӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ,
27 апрели соли 2023
№ 14 (9476)
Зиндагӣ маънӣ надорад ҳеҷ гоҳ бе маърифат, Одамиро маърифат шаҳбози дунё мекунад.
Оила ва мактаб - ду омили асосии таълиму тарбияи наврасон
иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои мухталифи таҳрезишуда равона гардидааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ зери мафҳуми терроризм содиршавии амалҳое фаҳмида мешавад, ки ба ҳаёту саломатии одамон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Амалҳои террористӣ ба бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон намудани тартиботу амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё тавассути фишору ҳаросафканӣ расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул гардидани қонуну қарорҳои муайян нигаронида мешаванд. Экстремизм бошад, ин даъват ба нооромӣ, ба ғасби ҳокимият ва даҳшатафканӣ аст, ки дар баробари терроризм барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохти давлатдории конститутсионӣ хатари ҷиддиро пеш меоварад. Толибон ҳангоми ба сари қудрат омадан ба тамоми ҷаҳон эълон намуда буданд, ки дар Афғонистон ҷанг ба итмом расид. Онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва худи шаҳрвандони Афғонистонро бовар кунониданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя намуда, ба арзишҳои ҷомеаи маданӣ ва фарҳангии башарӣ эҳтиром гузошта, ҳуқуқии занону духтаронро барои таҳсил ва кор таъмин менамоянд. Маҳз бо чунин василаи маккорона ҳукумати Толибон интизор буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро расман эътироф менамояд. Дар асл бошад, Толибон баробари ба сари қудрат расидан ҳуқуқҳои шаҳрвандон, махсусан занону духтарон, намояндагони қавмҳои ғайрипаштун, ҳатто баъзе қавму қабилаҳои пуштунҳоро низ ба поймол кардан шуруъ намуданд ва ин ҳол то имрӯз идома дорад. Истифода аз зӯроварӣ ҳамчун воситаи асосии муборизаи сиёсӣ кунун дар Афғонистон ба
ҳукми анъана даромадааст. Бо баҳонаи озодбаёнӣ Толибон мардуми афғонро зидди ҳамдигар мешӯронанд. Онҳо саъй доранд, то бо роҳу воситаҳои тарсонидан ва таҳдид намудан бо истифода аз яроқу аслиҳа, зӯроварию шиканҷа, ҳаросафканию террор, боздошту озор ва тирборонкунии аҳолии баъзе аз минтақаҳои ҷафокашида, ки бе ин ҳам зиндагии вазнин ба сар доранд, замони ҳокимияти худро тамдид созанд. Воқеан ҳам, имрӯзҳо вазъияти сиёсӣ - ҷамъиятии Афғонистон тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба изтироб овардааст ва ба қавле идеология ва имиҷи сиёсии роҳбарияти феълии Толибон ба сирф баробар арзёбӣ карда мешавад. Чунин бархӯрду тазодҳоро ба назари эътибор гирифта, дар пойтахти Федератсияи Россия, шаҳри Москва санаи рӯзи 16 – уми ноябри соли 2022, бо ширкати намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон нишасти чаҳорум таҳти номгузорӣ “Форуми Маскав” оид ба Афғонистон баргузор гардид. Хотиррасон менамоям, ки пештар низ чунин нишастҳо баргузор гардида буданд. Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба Афғонистон Замир Кобулов нишасти мазкурро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи ин нишаст, тарафдор ва хоҳони эҷоди ҳукумати фарогир дар қаламрави Афғонистон мебошанд. Дар эъломияи қабулгардидаи ин нишаст, тамоми кишварҳои иштироккунанда ба Толибон тавсия додаанд, ки пеш аз ҳама ҳуқуқи занон ва
духтаронро барои гирифтани таълим пурра ва ҳаматарафа риоя намоянд, уҳдадориҳои худро оид ба ташкили ҳукумати фарогир, решакан намудани терроризм ва гардишу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иҷро кунанд ва ба муқобили ҳама гуна гурӯҳҳои террористӣ мубориза бурда, ба фаъолияти онҳо дар қаламрави Афғонистон хотима бахшанд. Аммо имрӯзҳо Толибон баръакс рӯз то рӯз вазъияти бе ин ҳам ноороми Афғонистонро печидатар намуда, таҳсилу фаъолияти кории занону духтаронро дар мактабу донишгоҳҳо ва корхонаву ташкилотҳо маҳдуд ва ё ин ки ба пуррагӣ манъ мекунанд, ки чунин амалу рафтор дар ояндаи начандон дур метавонад барои худи Толибон оқибати ногувор дошта бошад. Барои андак аз мавзуи асосӣ дур рафтан аз хонандаи арҷманду нуктасанҷ маъзарат мепурсам ва инак бармегардем сари таҳлилу баррасии масъалаи таълиму тарбия дар мактаб. Муссалам аст, ки аз худ кардани илмро Худованд ба касе манъ накардааст. Зеро Худованд азбарнамоии тамоми илмҳояшро барои занону мардон баробар раво донистааст. Масалан, дар ояти 9-и сураи “Зумар” Худованд чунин мефармояд: “Бигӯ, оё баробаранд касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд? (Албатта не). Фақат, хирадмандонанд, ки панд мегиранд”. Ҳамчунин дар ояти 11-и сураи Муҷодала чунин омадааст: “Худованд касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ба илм дода шудаанд, дар дараҷа ва мақом боло қарор медиҳад”. Ва ё дар ояти 114 -и сураи Тоҳо чунин омадааст: “ ... ва бигӯ: “Парвардигори ман, маро дониш афзой!”. Тавре аз муҳтавои Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ бар меояд, Ҳақ таъоло, инсонҳоро дар омӯзишу баҳрабардорӣ аз илм ба марду зан тақсим накардааст. Худованд аз илми беканораш касонеро, ки мехоҳанд, чӣ аз ҷинси зан бошанд ва чӣ аз ҷинси мард, баробар баҳравар месозад, на кам ва на зиёд. Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта хурдсоливу мактабхонии худро дар асари "Ёддошт"-аш ба қалам дода, такрор ба такрор ба мардуми тоҷик таъкид намудааст, ки дар ҳама давру замон ва дар ҳама ҳолат инсон бояд такя ба донишандӯзӣ ва азхудкунии илм, фарҳанг, маданият ва таърихи миллати худ намояд. Устод Садриддин Айнӣ даврони мактабхонии худро дар мактаби
гуфт Бойбобо, баъди чаппа гардонидани кисаҳояш, - Ягон баҳона пеш меорам. Ҳарчанд ба сархуш ягон кас бовар намекунад, Завҷаи Бойбобо гоҳ-гоҳ маҷбур хусусан зани ман... мешуд, ки ба шавҳар пул дода, Бегоҳ бо дасти холӣ ғалтону хоҳиши аз бозор харидории ин телефон бо дугонаҳоят ҳарф ба худ мегуфт, ки ба 10 сомонаш хезон бо як азоб аз дарвозааш ё он сабзавот кунад. Ин навбат задан, дидӣ, ки картошкаи картошка мегираду ба 10 сомонии даромад. Дар рӯ ба рӯяш занашро 20 сомонӣ ба шавҳараш дода, гуфтагиат худаш пар-парак ба дигараш гулӯяшро нарм карда, дида, аз тарс дастаки дарро дошта, кайфу сафо мекунад. картошка оварданро хоҳиш ошхона омада медарояд. кӯшиш мекард, то мувозинаташро Бойбобо аз дасти занаш дуто 10 Ба бозор расиду ба киса даст нигоҳ дорад, то занаш мастиашро кард. Бойбобои аз хурсандӣ сарукалобагумкарда аз ин сомонаро гирифта, ба иҷроиши зад ва ҳуш аз сараш парид. 10 пайхас накунад. завҷааш пардохт. сомонии ҷудокардааш, ки беист суханҳои ҳамсар қабат - қабат супориши Занаш аҳволи шавҳарашро Дар роҳ як 10 сомонаро гоҳ ба аз як киса ба дигар киса меандохт, дида, ошуфтахотир пурсид: гӯшт гирифта, изҳор намуд: - Ба ман бовар мекардӣ- кисаи чап ва гоҳ ба кисаи рости ба замин афтидааст: - Ҳой картошкабой, канӣ - Ҳеҷ боке не, - ба худ де. Ҳозира худаш, то як пас бо костюмаш меандохт. Сипас, худ
Бо қалами ҳаҷв
Худкардаро даво нест ...
духтаронаи шаҳри Бухоро ба ёд оварда, қайд намудааст, ки сахтиҳои рӯзгор, нобасомониҳои ҷамъият ва давлатдории он замонаи аморати Бухоро садди роҳи донишандӯзии ӯ нагардиданд. Кӯру кӯрона ва саракӣ аз худ кардани баъзан ҳарфҳои алифбо, то дараҷае сарфаҳм рафтан ба қоидаҳои одии ҳисобкунӣ, каме ҳам бошад, азхудкунии ашъори шифоии мардум дар пойдевори минбаъдаи донишандӯзии устод Садриддин Айнӣ таъсиргузор будаанд. Мурод аз овардани чунин мисол ба хонандаи арҷманд ва закии тоҷик, ин ошкор сохтани мушкилиҳои имрӯзаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар қаламрави давлати ҳамсояи Афғонистон мебошад. Агарчи Толибон худро ба ҷаҳониён ҳамчун ашхоси муъмину мусулмон, пушту паноҳ ва муҳофизони дини мубини Ислом муаррифӣ намоянд ҳам, тавре дар боло қайд карда гузаштем, рафтору кирдори онҳо зидди аҳкоми дин аст ва зинҳор ягон вақт Толибон донишманду ҷонибдори донишандӯзӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Шахси бесавод дар ҳама гуна ҷамъияту давлат натанҳо бенафъ, балки зиёновар ҳам ба ҳисоб меравад. Дар осору абёти классикони адабиёти оламшумули тоҷику форс ашхоси бесавод ҳаматарафа сарзаниш карда шуда, онҳо зери тозиёнаи танқид қарор дода шудаанд. Мутаассифона, тамоми бадбахтиҳои замона, маҳз аз амалу кирдор ва рафтору гуфтори ашхоси бесаводу бадҷаҳл рӯйи кор меоянд. Дар қарни бисту якум садди роҳи донишандӯзии духтарону занон гардидан худ амалу кирдори ҷаҳолатмандию камхирадии инсонҳо ба ҳисоб меравад. Чунин ашхоси бесаводу бадҷаҳлро аз шумораи инсон хондан низ хатои маҳз аст. Қазоват намоед, ки модари бесаводу камхирад чӣ гуна фарзанди солим, созандаи ҷамъияти ояндаро ба воя мерасонад. Маҳз дур мондани духтарон ва модарон аз донишандӯзӣ ва донишазхудкунӣ боис ба шомилшавии фарзандони онҳо ба ҳама гуна равияву ҷараёнҳои тундгарову ифротӣ мегардад. Биноан ба ҳар як фарди худогоҳ ва солимфикри Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки аз чунин бархӯрд ва таззодҳои навини ҷаҳони муоссир то андозае огоҳ бошад, сабақ омӯзад, аҳамияти дастовардҳои даврони истиқлолият ва неъмати озодиву осудагиро ба хубӣ дарк намуда, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии шоистаи сокинони кишвар таблиғ намояд. Амин ЗУҲУРОВ, подполковники милитсия, корманди ВКД ҶТ. картошкаатон? - Занакҷон қаҳрат наояд, аввал пурсиш баъд... гуфтанд. Медонӣ як 10 сомонаатро ба кӯча афтонидам. Як гуфтам, ки садақот, лек қаҳрам омаду 10 сомонии дигарашро низ аз киса гирифта, ба саҳни тарабхона партофта гуфтам, ки "10 сомонии дигарро ёфта, ба ман дастрас намо...". Занак чӣ ҳам мегӯяд. сокит истоданаш маънои онро дошт, ки худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ. Қ. НИЗОМӢ.
4
"Насими ИСФАРА"
Чаро мардум бештар аз биринҷи дар обҷувозҳо коркардшуда харидорӣ мекунанд? Чаро маззаи биринҷ аз биринҷ фарқ мекунад? Оё Исфара аҳолии худро бо биринҷ таъмин карда метавонад? Обҷувоз низ ҷузъе аз мероси қадимаи миллати тоҷик аст. Дар маводи мазкур мехоҳем оид ба ин масъалаҳо равшанӣ андозем.
27 апрели соли 2023
№ 14 (9476)
Анъанаҳои мардумӣ
Биринҷи обҷувоз ширинтар аст?
Обҷувози маҳалла Дар канори ҷӯборҳои тезоби ин маҳал дар рӯзҳои мо обҷувозҳо ба чашм мерасанд, хоначаҳои оддии хокӣ бо як обҷувоз. Биринҷи машҳури девзираи Исфара дар ҳамин обҷувозҳои назарногир ҳосил карда мешавад, ки таъми оши паловро ба маротиб лазизтар мегардонад. Яке аз чунин обҷувозҳо дар маҳаллаи Таги Сада дар деҳаи Чоркӯҳ қарор дорад. Ба гуфти сокинони ин маҳал ин обҷувоз таърихи қадима дошта, мушкилоти мардумро осон кардааст. Обҷувозбон амаки Алихон мегӯяд, ки ин касб барояш авлодист: - Ин ҷо ман аз хурдиам кор кардагӣ ва то ҳоло кор мекунам ва дар давраи пеш падарам кор мекарданд. Ягон 70-сол пеш. Ончи ин обҷувоз нозукиҳо дорад, падарам маро омӯзондаанд. Солҳои хеле зиёд мешавад, ки ин обҷувоз ба мардум хизмат мекунад, мушкилоти мардумро осон мегардонад ва ба ин обҷувози мо аз дигар маҳаллаҳо низ шолӣ оварда, дар инҷо биринҷ карда мераванд.
Оё Исфара бо биринҷ худашро таъмин карда метавонад?
Чоркӯҳу Сурх ва қисман Зумраду Хонободу Лаккон ҷойгир аст. Ба ибораи дигар шолиро асосан дар он ҷое парвариш мекунанд, ки обёрии қулай дорад ва ё дар ду тарафи дарё ҷойгир мебошанд. Аз ин 300 гектар панҷоҳ дар сади он дар ҳудуди деҳоти Сурху Чоркӯҳ буда, бино ба гуфти собиқ раиси хоҷагии Чоркӯҳ Н. Олимов ҳамасола кишти шолӣ дар Чоркӯҳ ҳудуди 140-150 гектарро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии зироат бошад, дар соли гузашта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 54 сентнериро ташкил додааст. Яъне дар деҳаи Чоркӯҳ дар як сол ҳудуди 810 тонна шолӣ ба даст меоранд. Дар деҳа 9000 хоҷагӣ умр ба сар мебарад ва агар 810 тоннаро ба 9000 хоҷагӣ нисбат диҳем, ба ҳар оила дар як сол 90 килоӣ рост меояд. Ин миқдор биринҷ ба оила барои як сол кифоят намекунад. Яъне, Исфара наметавонад аҳолии худро бо биринҷ таҳҷоӣ ба пуррагӣ таъмин кунад, биноан аҳолӣ камии ин навъи маҳсулотро аз бозор мехарад. Бояд гуфт, ки коркарди биринҷ дар деҳаи Чоркӯҳ тавассути обҷувозҳои бобоӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд ҷувозҳои барқӣ низ ҳастанд, аммо аксарият аз хизмати ҷувозҳои обӣ истифода мекунанд ва теъдоди онҳо ба 7 адад мерасад.
Шояд дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон мисли исфарагиён биринҷ истеъмол накунанд ва оши палав напазанд. Вобаста ба ин саволе пайдо мешавад, ки оё Исфара аҳолии худашро бо биринҷ давоми сол таъмин карда Обҷувозгарӣ низ метавонад? Мушоҳидаҳо ва илм аст нишондиҳандаҳои оморӣ бозгӯӣ доранд, ки дар ҳудуди Исфара - Обҷувоз кардан низ нозукиҳои наздик ба 300 гектар майдон худро дорад ва онро илм ҳам кишти шолӣ гузаронида шуда, гӯем хато намекунем, - мегӯяд он асосан дар ҳудудҳои деҳоти Абдумуталиб Шарипов. Шаҳрванд О.М.А бинобар садди роҳи таҳсили фарзандаш шудан бо қарори суди шаҳри Исфара дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шуда, ба андозаи се нишонда барои ҳисобҳо, баробар ба 204 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия ҷиҳати ба амалбарории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест, Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.
– Солҳое буд, ки ҳамроҳи падару бобоям шолӣ парвариш мекардем ва худамон онро ба обҷувоз бурда, коркард менамудем. Ҳарчанд панҷ сол инҷониб шолӣ накоштаам, аммо ҳоло низ дар хона ба қадри зарурӣ шолӣ барои биринҷ кардан дорам. Кор дар обҷувоз аслан оғозашро аз шоликорӣ мегирад ва он вобастаи якчанд омилҳост. Агар хоҳед, ки биринҷатон ширин бошад ва дар вақти обҷувоз кардан нашиканад, бояд аз оби заҳ не дар оби дарё шолӣ парвариш карда шаваду замини шоликор дар мавзеи шамолраҳа бошад беҳтар аст. Илова бар ин шолие, ки бо нурии маҳаллӣ парвариш карда мешавад, нисбат ба шолие, ки бо селитра парвариш ёфтааст, тамъи хубтару беҳтар дорад. Вақте шолиро бо даст хишова мекунед, хеле ширинтар биринҷ дорад нисбат ба он шолизоре, ки бо дору алафҳои бегонааш коркард шудаанд. Деҳқонони пешин ҳатто мегуфтанд, ки шолие, ки дар аввали рӯз дарав карда шудааст ва шолие, ки дар охири рӯз дарав карда шудааст, дар маззаву сифат хеле тавофут дорад ва ҳамаи инро донистан ҳунари деҳқонӣ талаб менамояд. Инчунин фаромӯш набояд кард, ки тариқи кӯфтани шолӣ низ ба маззаи биринҷ ва сифати он бетаъсир намемонад. Пештар дар саҳроҳо хирман зада, шолӣ мекӯфтанд, ҳоло бошад тавассути комбайнҳо мекӯбанд. Агар хоҳед, ки воқеан биринҷи девзира хӯред, биринҷеро харидорӣ кунед, ки тавассути хирман кӯфта шудааст. Ҳоло дар Исфара аксаран бо комбайн шолӣ мекӯбанд, аммо иддае низ ҳастанд, ки дар хирманҷой шолии
Ахбори судӣ
Монеи таҳсили фарзанд шуд бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дара ҳудуди шаҳри Исфара муайян карда шудааст, ки ноболиғ О.А. санаи таваллудаш 2 сентябри соли 2005, ки хонандаи синфи
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
11 МТМУ №67 шаҳри Исфара мебошад, бе ягон асос дар соли хониши 2022-2023 дар дарсҳои таълимӣ зиёда аз 43 соат иштирок накарда, аз дарс дур мондааст. Дар асоси сархати дуюми
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
худро мекӯбанду бод мекунанд, ки биринҷи хушмазза ба даст меоранд. Ҳамсуҳбати мо Абдумуталиб Шарипов дар идома ба масъалаи обҷувоз дахл намуда мегӯяд: - Давомнокии обҷувоз кардани шолӣ вобаста ба навъи он аст. Биринҷи навъи девзираи алоқилдириқро то 24 соат коркард менамоянд. Баъзан барои тезтар шудани коркард ба он намаки навъи дағал ҳамроҳ мекунанд, аммо дар ин ҳолат биринҷ камтар намакдор мешавад ва вақти пӯхтани ош инро бояд ба ҳисоб гирифт. Барои коркарди девзираи сафед бошад, 6-7 соат кифот мебошад. Лекин ин фосилаи вақти сарф мешуда вобаста ба ҳунари обҷувозкунанда мебошад. Дар вақти коркарди шолӣ дар обҷувоз аслан се маротиба онро бод медиҳанд: курмакшиканон, боди миёна ва сафед. Дар бодкунии аввал, ки курмакшиканонаш мегӯянд, шолиро баъди камтар дар обҷувоз коркард намудан ба хотири аз чангу кулӯхмайдаҳо тоза кардан бод медиҳанд ва барои ин дастгоҳи махсус дар ҳамаи обҷувозҳо ҳаст. Дар боди дуюм пасмондаи пӯстлохи шолӣ ва дигар чангу ғубор тоза карда мешавад ва бодкунии сеюм барои омода кардани биринҷ ба давраи тоза мебошад. Оне, ки обҷувоз кардааст ва ин усулро медонад бо ибораи “ба тоза биринҷро андохтем” шинос аст. Баъди ин биринҷ вобаста ба навъаш муддати гуногунро гузашта, омодаи истеъмол мегардад. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир шоликорон ба зиммаи худи обҷувозбон коркарди шолиро вогузор мекунанд. Аммо ман гумон мекунам, ки агар хоҳед, ки биринҷатон нағз шавад, худатон обҷувоз кунед беҳтар аст. Ҳоло айёми шоликорӣ фаро расида истодааст, бобоҳоямон мегуфтанд, ки дар вақти шоликорӣ обҷувоз накун, зеро биринҷат бесифат мешавад. Биноан мо дар вақти шоликорӣ биринҷ обҷувоз намекунем, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дастгоҳе, ки на вобастаи барқ асту на вобастаи газу маводи дигари сӯхт
барқ, газ ё сӯзишвории дигар зарур нест, неруи як ҷӯй об кифоя аст. Бартарии обҷувоз ҳам дар ҳамин аст, хусусан дар шароити Тоҷикистон. Обпарра, яъне чархи чӯбини обҷувоз тавассути об ба чархиш меояд, дар навбати худ он тиррро ба ҳаракат медарорад. Аз ҳаракати тир лингкӯбҳо болову поин шуда, шолиро мекӯбанд. Ҳар як обҷувоз чор лингкӯб дошта, он шолии ба ибораи мардум “дар охурбуда”-ро мекӯбад. Як обҷувоз имкон дорад, дар як рӯз 500-700 кило шолиро коркард созад. Ба як дидан тасаввур кардан душвор аст, ки неруи об бо чӣ усули зираконае лингкӯбро болову поин мебарад ва як чизи тамошобоби обҷувозхонаҳои дастисохт ҳам ҳамин аст. Обҷувоз аз тир (дарозиаш 5 метр, диаметраш 30—35 сантиметр), парра, лингкӯб, дӯл ва нова иборат аст. Нова аз 3 тахтаи пайвасти 5—6 метра иборат буда, як тарафи он ба баландӣ, ба роҳи об, тарафи дигараш ба парра, ки аз нова поёнтар меистад, рост шинонда мешавад.
Обҷувоз дастгоҳе, ки пайвандагари мо бо гузаштагон аст Обҷувоз як чизи саҳлу содда нест, балки он анъанаи наҷиби гузаштагони мост. Дастгоҳе, ки новобаста аз боду ҳаво ва будану набудани гармиву рӯшноиву барқ ба мардум хизмат мекунад. Он аз шууури пешрафтаи аҷдодонамон дарак медиҳад. Аслан ин гуна обҷувозҳо дар ҳамаи маҳалҳои Исфара дида мешуданд, аммо бо мурури замон аз байн рафта истодаанд. Чӣ тавре замоне дар Чоркӯҳ ба қоғазсозӣ машғул буданду охирин нафари огоҳ аз сохтани қоғаз аввали солҳои 2000-ум вафот кард ва дигар нафаре ҳоло дар деҳа анъанаи қоғазсозиро идома намедиҳад ва нозукиҳои ин пешаро низ намедонад, нашавад, ки обҷувозҳои бобиро низ аз даст диҳем. Дар баробари обҷувозу ҷувозгарӣ инчунин дар мо кулолгарони моҳир ба мисли оилаи Сафаровҳо низ ҳастанд, аммо афсӯс, ки ҷойгоҳи Соҳиббой Сафарови номӣ холист. Биноан гиромидошт ва ҳифзи ин гуна иншоотҳои қадимаи бобоӣ ва истифодаи он дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа арзиши бештареро дорад. Саидабдулло НУРИДДИНЗОДА.
Барои ба кор даровардани ҷувоз моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падау модар дар таълими фарзанд уҳдадоранд, ки ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намоянд. Ш.А. НИЗОМӢ, муовини раиси суди шаҳри Исфара.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 26. 04. 2023. Адади нашр 3800. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
Аз сабаби гум шудан эътибор надорад
Шартномаи хариди фурӯши қисми иншоот, ки дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Исфара аз 13 ноябри 2009 таҳти рақами 4Ш-143 тасдиқ кардааст.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________