Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 17 (9479) *** Панҷшанбе, 25. 05. 2023
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Иштироки Пешвои миллат дар Саммити якуми сарони кишварҳои "Чин-Осиёи Марказӣ" Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.
П
резиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад. Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд. Президенти мамлакат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи Саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад. Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти
рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад. Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад. Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст. Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин, таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад. Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар шаҳри Исфара бо иштироки зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун Дави миллӣ баргузор гардид.
Дави миллӣ баргузор гардид Д
ар расми ифтитоҳи ин чорабинии бонуфузи варзишӣ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода иқдомот ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ҳадафи умдаи ташкилу баргузории Дави миллиро тазаккур дода, сокинон, хосса ҷавонону наврасонро ба истифодаи самараноки иншоотҳои зиёди варзишии дар ҳудуди
шаҳру деҳот мавҷудбуда, машғулияти доимӣ бо намудҳои гуногуни варзиш ва тақвияти нерумандӣ даъват намуд. Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ, инкишофи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳи май як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва озмуну қувваозмоиҳои дигарро
низ ба нақша гирифтааст. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно хоҳад буд. Дави миллӣ дар Исфара чун анъана аз гардиши роҳ ба шаҳраки Шӯроб оғоз ёфта, аз тариқи хиёбони марказӣ то назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ идома ёфт ва дар марра иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
бахшҳои судовар таъкид гардид. Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд. Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз
мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”. Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷаи кори Саммити якуми “ЧинОсиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.
Баррасии масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти милитсия Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷаласаи ҳисоботии Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баргузор шуд.
Д
ар ҷараёни ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, сардори ШВКД-1-и шаҳри Исфара полковники милитсия Набиҷон Исозода, ёрдамчии ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Хушбахт Шарифзода, сардорони шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муовинони онҳо, нозирони минтақавӣ, раисони ҷамоатҳо, ходимони дин, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзои гурӯҳи "Авангард", дружиначиёни наврас, фаъолони ҷомеа ва собиқдорони меҳнат ҳузур доштанд. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён бо баёни таманниёти неки раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода нисбат ба самарабахшии нишасти мазкур, ба масъалаи ислоҳоти милитсия дахл намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди миллат бояд дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошад. Ҳамоҳангсози миллӣ Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам дар навбати худ оид ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи
шаҳрвандӣ, бештар намудани бовариву эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони милитсия изҳори назар кард. Зикр гашт, ки ташкили нуқтаҳои сайёр, тақвияти кори нозирони минтақавӣ барои боз ҳам ба халқ наздиктар намудани милитсия бояд таккони ҷиддӣ бахшад. Сардори ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара полковники милитсия Набиҷон Исозода бошад, тазаккур дод, ки ба туфайли корбарии самаровари кормандони милитсия сатҳи ошкор намудани ҷиноятҳо дар қиёс ба солҳои пеш беҳтар гардидаву дар ин самт фаъолияти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ назаррас мебошад. Дар раванди ҷаласа, инчунин ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ Хушбахт Шарифзода, раиси ШҶ МҶШТТҶ Дилмурод Нуруллозода, узви Шурои ҷамъиятии ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб, раиси Шурои собиқадорони меҳнати шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ ва директори филилали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Холиқзода Музаффар вобаста ба пешбурди фаъолияти Шурои ҷамъиятӣ таклифҳои мушаххас доданд. Дар ҷараёни маҷлис якчанд нафар аъзои фаъоли шуро ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қадршиносӣ карда шуданд.
2
"Насими ИСФАРА"
25 майи соли 2023
№ 17 (9479)
Аз одамӣ нишоне ҷуз нақши дасти ӯ нест, Дорад ҷаҳон бақое худ аз нишони меҳнат.
Зиндагии қаҳрамони ақибгоҳ Рӯ ба рӯям зане нишастааст, лоғарандом, газгӯшт, болобаланд, лек хеле чусту чолок, новобаста аз он, ки синни наваду ҳафти умр сипарӣ мекунад. Ба аёдаташ рафтам, зеро хабаргирии ӯ ҳамасола дар рӯзи Ғалаба аз болои фашизми гитлерӣ барои мо солҳост, ки анъана шудааст. Дар болои сараш ҷомаи пур аз ордену медалҳои замони ҷангу пас аз ҷанг овезон. Анбарбону Солиева дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ охирин занест, ки аз имтиёзҳои заҳматкашони ақибгоҳи даврони Ҷанги бузурги Ватанӣ бархӯрдор аст. Оғози ҷанг чордаҳсола буд. Панҷ сол шабу рӯз дар ҷабҳаи меҳнат аз рӯи шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба” фаъолияти хастанопазир дошт. Заҳматҳояшро Ватан қадр намуд. Бо фармони махсуси Ҳукумати Шуравӣ Анбарбону Солиева ҳамчун заҳматпешаи ақибгоҳи даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имтиёздор эътироф карда шуд. Аз рӯи одоб ва одат пурсидам: " Чӣ ҳол доред?". Хандида, гуфт: - Шукр мегӯям, то неъмати мову шумо афзун шавад... Худи ҳозир дугонаҳоям даъват намуданд, то ба аёдати ҳамнишини деринтизорам Норинисо равем, узр пеш овардам. Зеро ҳамин лаҳзаҳо ба наздам бояд ҷавонони деҳа биёянд. Сарварашон Ғоибҷон Ҳомидзода қаблан изҳор намуда буд, ки тамоми роҳҳои марказии деҳа, дар тамоми самтҳо мумфарш карда мешаванд. Зеро кулли ҷавонони дар деҳаю дар хориҷа буда ба ин иқдом азм кардаанд. Ман бояд ба эшон дуои хайр диҳам. Модари рӯзгордида суханашро идома дод: - Ҳақиқатан ин амалҳо хайрхоҳона, наҷибона ва ватандӯстона аст.
Ахбори судӣ БЕЭҲТИРОМӢ БА АСЪОРИ МИЛЛӢ Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба сокини 29 солаи Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Б. Р. Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда санаи 27.12.2022 дар тӯйи арӯсии додараш, ки дар тӯйхонаи «Базмгоҳ» баргузор мегардид, ба сари меҳмонон асъори миллӣ часпонида, бо ин кирдораш тартиби муқаррарнамудаи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дағалона вайрон намудааст. Суди шаҳри Исфара Б. Р. Ҳ.ро бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як саду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7040 (ҳафт ҳазору чил) сомонӣ таъин намуд. Н.Ғ. МАЛИКЗОДА, судяи суди шаҳри Исфара.
Ин иқдом ва даъват дар ибтидо аз сӯи Сарвари давлату миллат садо дод, ки мардум онро бо дилу ҷон пазируфтанд. Кӯчаҳо тозаву озода, як қисми он аллакай мумфарш гашт, дигар қисмати дигараш дар арафаи омода ба мумфаршкунӣ. Рӯи камиро набинанд, ҷавонони мо. Ин хонаро, ки мебинед барои ман ва набераи маълулам Манучеҳр маҳз ҳамдеҳагон сохта, туҳфа намуданд. Тамоми шароитҳояш муҳайё. Оби гарми доимӣ дорад. Равшану барҳаво. Меболам ва пайваста дуогӯям. Мегӯянд Ризобой, писари Муллобой пас аз аёдати ман барои мумфарш кардани роҳи марказии деҳа қарибии бист тонна асфалт харидорӣ намуд. Кори ниҳоят хуб. Ин роҳи марказӣ номи қаҳрамони деҳа Ҳусейнбой Ҳакимовро дорад. Ӯ дар муноқишаҳои сарҳадӣ, дар сафи пеши ҷабҳа аз тири ғаддорҳо ҳалок гашт. Дар ҳамин роҳ ҳамчунин фидоии дигари деҳаамон Баҳромҷон Ҳакимов низ ҷон ба ҷонофарин таслим намуд, ки ҳамарӯза ба сӯи дабистон бебокона, ҳамчун падари омӯзгораш роҳ пеш мегирифт. Ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон ин роҳро ба хотири омӯзиши илм мепаймоянд ва ҳамаи ин далел Ризобойро водор кард, то чунин амали некро анҷом диҳад. Ба падараш раҳмат. Модараш рӯи некиро бубинад, барои чунин фарзанди олиҳиммати калон кардааш. Руҳилло, корманди хадамоти махсус ҳамроҳи падари бузургвораш Абдураҳими Чернобил (дар барқарорсозии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ширкат дошт) ободкориро пеша кардаанд. Ана, бинед,ки писари Мирзоалии деҳқон - Раҳматилло ҳамроҳии бародаронаш Кароматулло ва
Абдулло низ як "Дулан" асфалт харидорӣ намудаанд. Дар алоҳидагӣ номи Ҳоҷӣ Рустам, писари Нусратхоҷаи кӯҳканро зикр мекунанд, ки дасти сахо дорад. Ҳамеша дар ғами ободии диёр аст. Имрӯз бародаронаш низ пайрави ӯянд. Ҳар ҳафта зиёда аз сесад нафар хонандагони мактаби №24 таҳти роҳбарии директори тозатаъин Абдусалим Шерматов тамоми роҳҳои марказии деҳа ва атрофи мактабро тозаву озода кардаанд. Чӣ қадар кори хуб аст. Иқдоми дигари ҷавонони деҳа ва ҳамсинфони солҳои ҳаштодум дар мавриди таъмиру тармими Маркази саломатии деҳа, истгоҳҳо, роҳравҳои канори шоҳроҳ, кумак ба ашхоси муҳтоҷ, бунёди ҳавзҳои оби маҳҳалаҳо шоистаи таҳсину офаринҳост. Худ қазоват кунед, саховатмандии ҷавони одии деҳа Наҷибулло писари Абдунабӣ чашмрас аст. Ҳамеша ба кумаки мактаби деҳа мешитобад, ҳоло роҳҳоро обод карда истодааст. Падар бо чунин фарзанд бояд фахр кунад. Гумон мекунам чунин фарзандон туҳфаи худованданд! Ин ҷавонони серғайрату ҳимматбаланд ҳамагӣ фарзандони ашхоси одиянд, сарватманду доро нестанд, сарваташон ҳиммати баланд ва меҳри беандоза ба Ватан аст. Ғолибҷон, Ғоибҷон, Зафар, Нарзуллобой, Руҳҳуло, Ҷонибек ва Парвиз - кормандони имрӯза ва собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷонибдори ободӣ ва созандагӣ ҳастанд ва дар ин ҷода саҳм гузошта истодаанд. Имрӯз ҷавонон дар сабқати саховатмандӣ гом бардоштаанду кормандони мақомотҳои давлатӣ бо мардум дар ин ҷабҳа аз наздик ҳамкорӣ доранд. Вақте ки ба ман мардуми деҳа, бахусус ҷавонон барои оғози
100 ГРАММ АРАҚ 20400 СОМОНӢ
С.-ро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332-и КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди Сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ҷарима ба андозаи 300 (сесад) А. А. С. санаи 24 январи соли равон нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дидаву дониста, баъди нӯшидани баробар бо 20400 (бист ҳазору нӯшокии спиртӣ воситаи нақлиёти чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, тамғаи «Мерседес – Бенс»-ро бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора идора намуд ва аз ҷониби нозири намудани воситаҳои нақлиёт ба ХРД ШБДА ШВКД-1-и ВКД ҶТ дар муҳлати панҷ сол таъин намуд. Як бемасъулиятӣ ва хомандешии шаҳри Исфара боздошт шудааст. Аз протоколи муоинаи тиббӣ як марди баркамол боис гардид, таҳти №38 аз 24.01.2023, бармеояд, ки ба буҷаи оила зарари калони ки ҳуқуқвайронкунанда бо натиҷаи моддӣ расонад. ташхис шинос шуда, онро бо имзои Н. Ғ. МАЛИКЗОДА, худ тасдиқ намудааст. судяи суди шаҳри Исфара. Суди шаҳри Исфара А. А.
«АРЗОН» ГАРОН ШУД
назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара таҳти №2 аз 23.01.2023. маҳсулоти дар боло зикргардидаи мағозаи Фурӯшандаи мағозаи «Арзон» хӯроквории «Арзон» ба талаботи воқеъ дар маҳаллаи Сомониёни бехатарии ҳаёт ва саломатии шаҳри Исфара ҳангоми фурӯши истеъмолкунандагон ҷавобгӯй маҳсулоти хӯрокворӣ талаботи набуданд. бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии Суди шаҳри Исфара Х. А. М.-ро истеъмолкунандагонро сарфи бо моддаи 209, қисми 1-и Кодекси назар намудааст. Ҳангоми ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани санҷиш аз гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо тарафи кормандони Маркази дар намуди ҷарима ба андозаи назорати давлатии санитарию 100 (сад) нишондиҳанда барои эпидемиологии шаҳри Исфара ҳисобҳо, баробар ба 6800 (шаш санаи 21 январи соли равон ошкор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи гардид, ки дар ин мағоза муҳлати давлат таъин намуд. истеъмоли якқатор маҳсулотҳо, ба Ҳамзамон, далелҳои шайъӣ, маблағи умумии 997,37 сомонӣ маҳсулотҳои дар боло номбаршуда гузаштааст. Аз ҷумла маҳсулоти пас аз эътибори қонунӣ пайдо қаннодӣ, нонӣ, кулчақандҳо, обҳои кардани ҳукм нобуд карда шуд. нӯшокӣ, ҳасибҳо, гӯштӣ ва ғайра. Ҷ.З. МУРОДЗОДА, Мувофиқи хулосаи Маркази судяи суди шаҳри Исфара.
иқдоми некашон ободкориву созандагӣ, хизмат дар артиш дуогирӣ меоянд, дилам аз шодӣ моломоли фараҳ мегардад, ҳидоятгариро қарзи инсонии худ медонам. Ҳамсарам Деҳқонбой Солиев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарғибгари ҷавонон барои хизмат дар артиши Тоҷикистон буданд. Ҳоло ин рисолатро ман бар уҳда дорам. Ҳатто бисёриҳо пас аз хатми мактаби олӣ довталабона ба хизмати ҳарбӣ мераванд. То ба ин рӯз хатмкардагони мактабҳои олӣ ва махсуси Тоҷикистон Низомиддин, Бекмирзо, Муҳаммаддиёр, Фозилбек Сулаймонӣ, Фирӯз ва Некрӯз, Ҳакимбой Ҳакимзодаҳо Муҳаммадраҷаб Довудпур сарбаландона дар қисмҳои ҳарбии мухталифи диёр хизмат намуданд. Имрӯз бошад Ҳоҷимуҳаммад Қосимӣ, хатмкардаи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров омодаи рафтан ба хизмати Ватан - Модар мебошад. Чанде пеш ба хизмат Меҳрёр Темурзодаро гуселонидем. Бояд
қайд намоям, ки дар ин амали наҷиб нақши мактаб, волидайн ва шурои мӯйсафедон бориз аст. Мактаби деҳа иқдоми тарғиботии “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” гузаронида истодааст, ки шоистаи таҳсин аст. Дидед, рӯзгори мо пиронсолон гуногунранг ва бо такопӯи зиёд гузашта истодааст, ба осуданишастан вақт нест, - мегӯяд очаи Анбарбону. Устуворона андешидам, ки иқдоми нек ва ҷӯши ватанхоҳию меҳанпарастӣ умри ин зани некиродаро то садсолаҳо мебарад. Вақте ки ин мавод омода мешуд раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин дар арафаи ҷашни Ғалаба аз манзили ин модар дидан намуда, табрикоту таманниёти нек ва туҳфаи Сарвари давлатро барояш расониданд. Муҳаммадҷавод ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.
Мавқеъ
Кӯр асояшро якбор гум мекунад Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷоғзании аблаҳона ва тӯҳматзаниву дурӯғпаҳнкунии аъзои ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидаи террористиву экстремистӣ, ашхосу қувваҳое, ки осудагиву оромӣ ва пешрафти Ватани азизи моро чашми дидан надоранд вусъат гирифтааст. Аммо мардуми кишварро имрӯз чун солҳои 90-уми асри гузашта фиреб додан кори саҳлу осон нест. Зеро халқи Тоҷикистон хуб дар хотир дорад, ки он замон аъзои ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом нахуст барои оммаро зери тасарруфи ақоиди нопоку муғризонаи худ қарор додан, бо истифода аз беқонуниву бенизомӣ, заифии дастгоҳи идории ҳукумати онвақта ва сатҳи нокифояи донишҳои динии мардум масҷидҳоро ба қароргоҳу минбари худ табдил дода буданд. Дар масҷидҳо ба сари мардум ақидаҳои палиди худро зӯран бор мекарданд. Касе агар ба амрашон итоат наоварад ё ба масҷид ҳозир нашавад, пинҳонӣ ба ҳавлиаш номаҳои беимзои таҳдидомез ҳаво медоданд. Имрӯзҳо ҳамватанон шукронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистонро мекунанд, ки аз чунин амалҳо ҷилавгирӣ карда шуду ифротиёни ифлос дигар имкон надоранд ба минбари поки масҷиду меҳроб роҳ ёбанд. Ҳизби ҷинояткори наҳзат имрӯз ҳам усули корашро дигар накардааст. Акнун амалҳои иғвогронаашро
тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ идома медиҳад. Аммо тавре мегӯянд, кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мардум дигар ба доми онҳо намеафтад, хеле ҳушёр аст ва ҳамагӣ дар атрофи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шудаанду аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан дастгирӣ мекунанд. Ин аст, ки сол аз сол, сарфи назар аз пандемияву вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон Тоҷикистон ба шарофати сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба дастовардҳои бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегардаду сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мешавад. Маҳз ин пешравии Ватани мо душманони давлату миллати тоҷикро ба таҳлука андохтаву фаъолияти хиёнаткоронаи онҳоро дар сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ густариш бахшидааст. Дар чунин шароит мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошему ба амалҳои иғвогронаи душманон тавассути маҳкумсозии ҳамагуна азми сиёҳ кардани давлту ҳукумати Тоҷикистон ҷавоби сазовор диҳем. Оромиву осудагӣ дар Тоҷикистон баракату пешрафт дар ҳар хонадон! Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.
3
"Насими ИСФАРА"
25 майи соли 2023
№ 17 (9479)
Инсон фалакситон шуд бо дасти достонсоз, Шуд достонӣ Рустам аз достони меҳнат.
23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буд
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест (Мусоҳиба бо ҷавонмарде, ки дар Аврупо фаъолият дорад) Ҳамсуҳбати мо Муҳаммад Исомӣ Сангин (Болтаев Муҳаммаддаврон) собиқ мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара аст, ки ҳоло дар кишварҳои Аврупо кору фаъолият дорад. Номбурда пас аз хатми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолияти корияшро дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара оғоз намуда, баъд аз як соли хизмати давлатӣ бо хоҳиш ва иродаи худ ҷиҳати ба итмом расонидани қарзи шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, муддати як сол хизмати Ватан-Модарро сарбаландона дар қисмҳои ҳарбии 0123-и РҚС КДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе ва 0216-и РҚС КДАМ ҶТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба ҳайси пулемётчӣ ва командири зершуъба адо кардааст. Баъд аз адои хидмати ҳарбӣ бо пешниҳоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар дастгоҳи марказии комиҷроияи шаҳрӣ ба ҳайси мудири шуъбаи ҷавонон то сафараш ба Аврупо кор кардааст. - Муҳаммад, алҳол дар куҷо ва ба чӣ кор машғулед?
накардаанд. Баръакс, ҳар лаҳзае маро бо либоси ба қавле "раисӣ" медиданд, ҳамон қадар хурсанд мешуданд. Мегуфтанд, “бачам, - Алҳол дар шаҳри Милани ягон лаҳза фикри маблағро накун, Италия қарор дорам. Дар яке аз ту обрӯ гир, мартабаатро баланд ширкатҳои логистикии Ҷумҳурии кун”. Аммо ман инро нахостам Литва ба ҳайси ронандаи ростӣ. Нахостам, ки ман дар боркаши байналмилалӣ кор ва курсии мулоим бошаму падару фаъолият намуда истодаам. модарам дар азоб. Бинобар Ширкати мо (RV TRANSPORT) ҳамин рӯ ба муҳоҷират овардам, бо корҳои логистикӣ машғул буда, то камбудиҳои зиндагиямро ба тамоми давлатҳои Аврупо бартараф намуда, баъд дубора ва Британия бо расонидани ба хизмати давлатӣ баргардам. маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ машғул -Чӣ тавр шуд, ки барои мебошад. муҳоҷират Аврупоро Дар ширкати мо зиёда аз 150 интихоб намудед? нафар тоҷикон кор ва фаъолият менамоянд. Тақрибан 40 фисади ронандагон аз Осиёи Миёна - Ман, ростӣ, хеле хурсанд (Қазоқистон, Қирғизистон ҳастам, ки дар Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) дунё омадаам. Зеро дар кишвари мебошанд. Ба ғайр аз ширкати мо мо ҳар кас ҳуқуқ дорад ба берун боз дигар ширкатҳое низ ҳастанд, сафар кунад ва дар дилхоҳ ки дар он ҷо ҳам тоҷикон кор ва мамлакат кору фаъолият барад. фаъолият намуда истодаанд. Боз Ба Аврупо барои кору фаъолият як ширкати дигареро медонем, омаданам низ аз ҳамин саргаҳ ки бо истеҳсоли ҳасиб машғул об мехӯрад. Аз замони донишҷӯӣ мебошад ва дар он якчанд орзу мекардам, ки дар Аврупо нафар тоҷикон ба ҳайси қассоб фаъолият намоям. Баъди фаъолият намуда истодаанд... хатми донишгоҳ ҳатто чандин марказҳое, ки ба Аврупо барои хондан мардумро равон мекунанд - Чӣ сабаб шуд, ки ба мерафтам. Талош доштам, ҳадди муҳоҷират равед? ақал дар Аврупо таҳсил намоям, - Ростӣ, ба ин савол ҷавоб бурсияҳоро пайваста пайгирӣ додан каме мушкил ҳам ҳаст. Чӣ менамудам. Аммо ҳар қадаре хеле ки дар боло зикр кардам, ҳаракат мекардам, имконият ман хизматчии давлатӣ будам, фароҳам намешуд. Чун ман аммо бо вуҷуди ин ба муҳоҷират донандаи хуби забони англисӣ ва арабӣ будам, пайваста ба худ рӯ овардам. Чӣ хеле ки Бедил мегӯяд: “Рӯ мегуфтам ман ин забонҳоро ба ба Ҳинд овардани соҳибдилон хотири дар Россия азоб кашидан коре кунам, аз баҳри чист? Зиндагӣ оинаро наомӯхтам. Бояд муҳтоҷи хокистар кунад....” ки ба Аврупо ва ё дигар ягон Рости гап, замоне, ки ман дар давлати пешрафтае рафта, кор курсии роҳбарӣ менишастаму дар ва фаъолият намоям. Рӯзе як нафар дӯсти падарам, тан шиму костюми шинам ва дар гардан галстуки раисӣ доштам, албатта ҳамдеҳаамон, бо номи падарам дар Россия бо як азобе Абдуаҳад, ки солҳои пеш бо дар Федератсияи кор мекарданд. Модарам бошанд, падарам дар бозор савдо менамуданд. Аз Россия ба ҳайси ронандаи субҳи барвақт бозор мерафтанд, мусофиркашон кор мекарданд, ба гоҳе зери барф, гоҳе зери борон, хонаамон омаданд. Вақти суҳбат бо чунин машаққат зиндагиро маълум шуд, ки ҳоло дар Аврупо пеш мебурданд, аммо боре ҳам кор карда истода будаанд. Падар ба ман вобаста ба маошам ва аз ман пурсиданд, ки ба Аврупо ё таъмини зиндагӣ ягон сухане рафта кор мекунӣ, ё дар ҳамин ҷо, ҳамчун хизматчии давлатӣ 22 май соли 2023 нисбати шаҳрвандон Ҳасанов Улуғбек Шуҳратҷонович (соли таваллудаш 7 июни 2000, сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Лаккон, кӯчаи Дӯстӣ, хонаи №74), Қосимов Равшан Рустамович (соли таваллудаш 13 апрели 1997, сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Лаккон, кӯчаи Сино, хонаи №55) ва Фаридунзода Иномҷон (соли таваллудаш 26 октябри 2001, сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Сурх, кӯчаи А.Фирдавсӣ, хонаи №45) бо моддаи 343, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Нафарони мазкур бо вуҷуди қаблан
фаъолият менамоӣ? Ростӣ, чун дидам имкониятҳо фароҳам шуда истодааст, гуфтам ба Аврупо меравам, ҳам кор мекунаму ҳам ҷаҳонбиниямро васеъ мекунам. Баъд омада, хизмати давлатиро давом медиҳам. Бо ҳамин сабаб ба Аврупо омадам. Мехостам дар ҳамин ҷо ба ҳамон нафаре, ки маро ин ҷо овардаанд, изҳори сипос ва қаноатмандии худро расонам. Воқеан, мо тақрибан даҳ нафар зодагони Исфараро, танҳо ба хотири зиндагиамонро хуб кардан акои Абдуаҳад ба Аврупо оварданду имрӯз ҳамаамон дар ҳамин соҳа фаъолият намуда истодаем. Яке аз вижагиҳои хуби инсонии акои Абдуаҳад дар он аст, ки ҳар касеро ба Аврупо овардаанд, ҳар сари қадам аз аҳволаш, рафтораш бохабар мешаванд. Агар ягон ҳаракати ноҷое аз мо сар занад, дарҳол аз паи ислоҳамон мешаванд. Намегузоранд, ки ба ягон дасисабозиҳои сиёсӣ пайваст шавем, ҳамеша ҷиҳати пешбурди сиёсати ҳукумати кишвар, моро ба қавле, контрол мекунанд.
- Аксар ҷавонони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия мераванд... - Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рафтани ҷавонон, ростӣ ман, ки худ набудам, ба хубӣ маълумот дода наметавонам, аммо аз рӯи шунидаҳо аз дӯстонам, ёру рафиқонам ва падарам муҳоҷират дар Россия бисёр мушкил ва маблағи моҳона камтар аст. Масалан, шахсан ман дар ҳамин муддати 1 соли фаъолияти кориам 18 давлати Аврупо рафтам, ҳам ба ҳайси ронандаи мошини боркашонӣ ва ҳам ба ҳайси сайёҳ (охири ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе тақрибан ҳамеша дар тамошои ягон шаҳри аврупоӣ), маро ягон маротиба политсия ва ё дигар мақомоте напурсид, ки кӣ ҳастаму чӣ кор мекунам. Аммо то ҷое медонам, дар Россия бе
-Дар Аврупо бо ҳамватанон вохӯрдаед? - Бале, мо охири ҳар ҳафта, кӯшиш менамоем, бо ёру рафиқон мулоқот намоем ва ё ин, ки кӯшиш мекунем дар наздиктарин истгоҳи мошинҳои боркаш (парковка) ҳама ҷамъ шавем. Ҳар лаҳзае бо дӯстон якҷо шудем, албатта "оши палов" мепазем. Аммо нафароне, ки дар Аврупо бо дигар кор машғул мебошанд, дигар соҳаҳоро дар назар дорам, ё нафароне таҳсил намуда истодаанд, ҳоло ягон маротиба мулоқот накардаам. Мо дар Телеграм як гурӯҳе дорем, инчунин дар Фейсбук низ, агар ягон нафаре мушкилие дошта бошад, менависад, ба зудӣ мардуми дигар ба алоқа баромада, мушкилиро ҳал мекунанд.
- Ягон ҳолати аҷоиб дар вақти сафар... - Рӯзе дар шаҳри Милан ба тамошои "Duomo di Milano" - як макони таърихӣ рафтам, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буд. Ҳар вақте ба сайёҳат бароям бо худ, албатта парчами давлатиамонро мебарам. Дар рафти сайёҳат вақте парчами давлатиамонро бароварда, зери он акс гирифтанӣ будам, ки тақрибан даҳ нафар, ҳам ҷавонон ва ҳам миёнасолон, омада хоҳиш карданд, то зери парчам акс гиранд. Ман бисёр шод гаштам, ки зери парчами мо ин қадар мардум дар маркази Милан мехоҳанд акс гиранд. Баъди акс гирифтан, вақте диққат медиҳам, нафаре дар инстаграмм аксашро мегузораду "Under Mexico's Flag" (Зери парчами Мексика),
Иттилои прокуратура
Натиҷаи саркашӣ аз аскарӣ ҳамчун даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ аз комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда, даъватномаро оиди санаи 1 апрели соли 2023 барои ба нуқтаи ҷамъшавии шаҳрӣ ҳозир шудан, шахсан қабул намудан, бе ягон сабаби узрнок бо
дигари "Under Italy's flag" боз як нафар дигар "Under Ireland flag" менавистанд. Ҳайрон шудаму аз интернет дидам, ки парчами мо ба парчами ин давлатҳо монанд аст. Танҳо рангҳо агар дар парчами мо ба таври уфуқӣ бошад, дар парчами ин давлатҳо ба таври амудӣ будааст. Баъд ба онҳо вобаста ба парчами давлатиямон ва рамзи тоҷу ҳафт ситора маълумот додам...
шиноснома имконият надорӣ, ки сайёҳат кунӣ. Ростӣ боз намедонам. Вобаста ба маош гӯем агар дар Аврупо нисбат ба Россия қариб як баробар зиёд маош медиҳанд. Зиндагӣ дар Аврупо гумон мекунам нисбат ба Россия осонтар аст.
мақсади саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод шуданро надошт, ба нуқтаи ҷамъшавии шаҳрӣ ҳозир нагардидаанд. Набояд фаромӯш кард, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии
- Ниятҳои оянда? - Нақшаҳо дар оянда ҳамин, ки мехоҳам як муддати дигар дар Аврупо фаъолият намуда, баъд дубора ба Тоҷикистони биҳиштосо рафта, дар ҷодаи хизмати давлатӣ фаъолият кунам.
- Муроҷиататон ба ҷавонон. - Ман ҳамеша гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор додаам ва маҳз ҳаминро бори дигар ба ҷавонон гуфтаниям, ки забонҳои хориҷиро бештар омӯзанд, дониш гиранд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, ба ғайр аз маълумоти олӣ доштан, боз ягон касби дигареро аз худ кунанд. Шахсан худам агар ба Ватан равам, ба ягон нафар сартарош шогирд истода, ин касбро ёд гирифтан мехоҳам. Албатта, Аврупо пешрафта аст, имкониятҳо зиёданд, аммо “Ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест...” Бо ҳама пешрафт ин кишварҳо ҳамсони Тоҷикистони азизамон, Ватани маҳбубамон ба дил наздик нестанд. Беҳтарин кишвар ин Тоҷикистони биҳиштосост. Моро зарур аст, ки Ватани худро дӯст дорем. Шукронаи ана ҳамин давлату миллат кунем, шукронаи як пораи хоки Ватани соҳибистиқлол намоем. Саидабдулло НУРИДДИНЗОДА.
Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. А.Ҳ. МИРСАЙЗОД, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.
ЭЪТИБОР НАДОРАД Муҳри гирдаи ҶДММ "Ш-ДАМАС" бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
4
"Насими ИСФАРА"
Тамокукашӣ одати бад буда, инсон метавонад сарфи назар аз синну сол ба он гирифтор шавад. Бештари одамон аз рӯи ҳавою ҳавас даст ба ин кирдори зараровар мезананд ва худро мубталои бемориҳои мухталиф месозанд. Дар таркиби тамоку асосан моддаи никотин ва қариб 200 моддаи дигар аз он ҷумлаи гази ангишт, бензопрен ва ғайрҳо мавҷуд аст. Ин моддаҳо барои организми инсон ниҳоят зарарнок мебошанд. Шахсоне, ки солҳои дароз сигор мекашанд, нисбат ба нафарони дигар 12 - маротиба бештар гирифтори сактаи дил, 10 маротиба бештар гирифтори захми меъда ва 13 маротиба бештар гирифтори стенокардия ва 30 маротиба бештар гирифтори бемории саратони шуш мешаванд. Исбот шудааст, ки кашидани сигор дар 4 дақиқа боиси 14% зиёд шуднаи набз ва 5% зиёд шудни фишори хун мегардад. Дуди тамоку ба танг шудани рагҳои хунгузар оварда мерасонад, ҳолати шахшавии хун дар рагҳо рух медиҳад. Миқдори гемоглабин, ки вуҷуди инсонро бо кислород таъмин мекунад кам мегардад. Кашиднаи тамоку, ҳамчунин,
25 майи соли 2023
Андешааш сабук не, кораш сабусарӣ не, Ҳар кас кашида бошад бори гарони меҳнат.
№ 17 (9479)
31 май – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ
Тамокукашӣ оқибати ногувор дорад
боиси баландшавии кислотаҳои равғани озод дар плазмаҳо ва нигоҳдории умуми холестерин дар
хун мешавад ва ин баъдан сабаби марги ногаҳонӣ мегардад. Агар тамоку мекашед, ҳарчи зудтар бояд
ин одати бадро тарк кунед. Олимони тиб муайян карданд, ки тамокукашӣ боиси дар вуҷуди инсон пайдо гардидани 20 намуд беморӣ мегардад. Яке аз заҳрҳои хавфноки тамоку, ки ба хун ворид мешавад, ин никотин аст. Вақте ки организм ба никотин одат мекунад, таъсири заҳрҳо суст шуда, одам фақат таъсири форами тамокуро ҳис менамояд. Ин эҳсоси дурӯғин ва фиребанда аст, зеро моддаҳои дуди тамоку барои саломатии инсон ниҳоят хатарнок мебошад. Никотин натанҳо барои худи тамокукашҳо зарарнок аст, балки қисми зиёди он ба ҳаво баромада одамони гирду атрофро низ заҳролуд мекунад. Дуди тамоку пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, роҳҳои нафас ва чашмро заҳролуд месозад ва қариб ҳамаи сигоркашон гирифтори газаки роҳи нафасанд,
ки боиси сулфаи ҷонгудоз мегардад. Никотин қувваи босираро ва эҳсоси мушакҳоро суст гардонида, мувозинати ҳаракат, суръат ва хусусияти тобовариро заиф месозад. Мубориза бар зидди тамокукашӣ яке аз вазифаҳои муҳимми замони муосир ба шумор меравад ва ин танҳо масъулияти табибони рӯҳшинос – наркологҳо нест, балки ҳама аҳли ҷомеа бояд зидди тамокукашӣ муборизаи беамон баранд. Дар ҷумҳурии мо соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул карда шуд. Хуб аст, ки дар қонуни мазкур барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани тамоку ҷарима пешбини шудааст. Умед дорем, ки ақли солим рӯзе боло мегираду аксар тамокукашҳо аз ин одати бад комилан даст мекашанд. Агар даст кашидан аз тамоку мушкил бошад, ба рӯҳшинос неврологҳо муроҷиат намоед. Мо ба шумо барои муолиҷа маслиҳатҳои муфид медиҳем. Б. ДЕҲҚОНОВ, табиб рӯҳшинос – невролог.
истифодаи таҷҳизоти иловагии барои ҳисобҳо ба 1020 (як ҳазору бист) сомонӣ баробар садодиҳанда ва равшандиҳанда, мебошад. идора намудани воситаи нақлиёт аз Барои иштирок дар музояда аз тарафи иштироккунанда ҷониби ноболиғон, итоат накардан Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ба талаботи қонунии корманди БДА, музоядаро оид ба фурӯши молҳои мусодирашудаи зерин - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи роҳандозӣ гардид. барпо менамояд. кафолатпулӣ. Дар рафти баргузории чорабинии Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, ошёнаи - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақсаднок қоидавайронкунии 3-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри бақайдгирии давлатӣ; бархе аз ронандагони воситаҳои Исфара. - барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақлиёти мусофиркашонӣ Вақти баргузорӣ: 09 июни соли 2023, соати 14-00. дигари тасдиқкунандаи шахсият. вақтҳои охир вазъи содиршавии ошкор карда шуд. Бе ҳуҷҷати Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ронандагӣ, бе муоинаи техникӣ бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро ба пиёдагардон дар қаламрави кишвар идора намудани нақлиёт, гузашти оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба суратҳисоби ташвишовар гардида истодааст. бахш пардохт менамояд. нодурусти пиёдагардон аз роҳ, меёбад. Бо мақсади баланд бардоштани суръати баланди ҳаракати нақлиёти Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳо 2-77-47 ва интизоми ҳаракат дар роҳ, махсусан ҷамъиятӣ ва риоя накардани Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда 98-898-21-21 гирифта метавонед. пиёдагардон ва коҳиш додани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 нишондиҳанда сатҳи садаманокӣ бо иштироки махсуси садодиҳанда ё асбобҳои Рӯйхати молҳои ба фурӯш баровардашаванда онҳо, тибқи нақшаи чорабиниҳои иловагии берунии равшанидиҳанда, мақсадноки “Назорат”, ки аз ҷониби ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ пешбинӣ нагардидааст, аз шудааст, аз санаи 15 май то 25 майи қоидавайронкуниҳои аввалиндараҷа соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят, ба шумор мерафт. Нисбати он аз ҷумла шаҳри Исфара амалиёти ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат мақсадноки “Пиёдагард” ташкил ва дар роҳро вайрон намуда, ба гузаронида мешавад. ҳаракати воситаҳои нақлиёти Аз ин лиҳоз аз кулли иштирокчиёни ҷамъиятӣ монеа эҷод намуда, хавфи ҳаракат дар роҳ, махсусан сарзании ҳодисаҳои роҳу нақлиёт пиёдагардон хоҳиш ва талаб карда мегардиданд, тибқи талаботи мешавад, ки дар муддати гузаштани моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии амалиёти мазкур ва баъд аз он низ маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қоидаҳои роҳ қатъиян протоколҳои маъмурӣ тартиб дода риоя намуда, баҳри дар сатҳи баланд шуданд. натиҷагирӣ намудани амалиёт Аз ҷониби масъулини ШБДА ШВКДсаҳмгузор бошанд! 1-и ҶТ дар шаҳри Исфара вазъи садаманокӣ, сабабу шароитҳои содиршавии садамаҳо мунтазам мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, баҳри ба эътидол овардани вазъи он дар роҳҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Тибқи дастуру супоришҳои Ш. БОБОҶОНЗОДА, роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии нозири калони тарғибу Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои ташвиқи ХРД ШБДА ШВКД-1 ҶТ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар дар шаҳри Исфара. ҳудуди шаҳри Исфара амалиёти Эзоҳ: Дар сурати харидорӣ намудани аспи бузӣ, аз тарафи ғолиб, маблағи нигоҳдории аспи бузӣ дар «Муоинаи техникӣ» аз санаи 15 то 25 алоҳидагӣ пардохт карда мешавад. майи соли 2023 гузаронида шуд. Ин чорабинӣ пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани тайёрии Аттестати хатми маълумоти асосии Аттестати хатми маълумоти миёнаи Аз сабаби гум шудан давлатии техникӣ ва ҷалби пурраи №173005, ки МТМУ №51 солҳои умумии №480638, ки МТМУ №5 солҳои воситаҳои нақлиёт ба муоинаи эътибор надоранд таҳсили 1992-1993 ба Ҷӯраева Ҳамро таҳсили 1976-1977 ба Насридинова Салия ҳатмии давлатии техникӣ, пешгирии Мамадкаримовна додааст. Зухридиновна додааст. ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз қабили Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки ** * идора намудани воситаи нақлиёт дар бойгонии КДФ БММҒ-и шаҳри Исфара Аттестати хатми маълумоти асосии *** дар ҳолати мастӣ, бе шаҳодатномаи таҳти №6436, ки дар суроғаи шаҳри Исфара силсилаи Т-ШТУ № 024721, ки МТМУ № Аттестати хатми маълумоти миёнаи ронандагӣ, идора намудани воситаи кӯчаи Саъдӣ ҳавлии №2 ба номи марҳум 10 солҳои таҳсили 1992-1993 ба Саликова силсилаи Т-АТУ №1054220, ки МТМУ № нақлиёт бо оинаҳои сиёҳшиша бе Музаффаров Аҳмадҷон ҳамчун соҳибмулк Марина Руслановна додааст. 5 солҳои хониши 2021-2022 ба Лаҳатова иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ба қайд гирифта шудааст. Муззаммила Толибҷоновна додааст. давлатӣ, бе рақами қайди давлатӣ,
БДА хабар медиҳад
ДИҚҚАТ : МУЗОЯДА
Амалиёти “Пиёдагард”
Муоинаи техникӣ
** *
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
** *
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 24. 05. 2023. Адади нашр 3800. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "АСРИ АЗИМ" чоп шудааст. Супориши № _________