"Ганҷи Исфара", № 2, 2023

Page 1

Маҷаллаи
фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ №2 (63) соли 2023 Салом! Эй Пешво, марди Худодод, Бикардӣ аз сари нав кишвар обод. Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин Ба он фарзонамодар, ки туро зод.
адабию

Ватан

Ман ба Ватан чӣ мекунам, гар накунам итоаташ, Ҷойи намози ман бувад домани ботаҳораташ.

Карда дуош мустаҷоб, мекунадаш Худо назар, Зикри Ватан кунад касе, дар сари ҳар ибодаташ.

Марди Ватан шавад агар тифли ватанпарасти мо, Фарди маҳал бувад фақат

душмани бефаросаташ.

Бинам агар, ки нокасе

хори раҳи Ватан шавад.

Ман чӣ ҳақир мешавам, гар надиҳам ҳақораташ.

Баски Ватан муқаддас аст, кас натавонадаш харид,

Шахси ватанфурӯшро

маҳв кунад тиҷораташ.

Меҳри Ватан бувад ба дил, пирӣ ғамам намедиҳад, Пираму пирях дилам

гар нарасад ҳарораташ.

Зиндагӣ бар чӣ арзадам, гар нашавам фидои ӯ, Кӯр шавад ду чашми ман, гар накунам назораташ.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН Раиси шаҳри Исфара

СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД Дотсент, адабиётшинос

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир

АКМАЛ АКРАМОВ СУБҲОН ЁДГОРӢ

МУАССИС:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

ИСМАТУЛЛОҲИ АБДУЛЛОҲ Шоир

СУДУРИДДИН МАҲКАМОВ Собиқадори матбуот

Нишонии мо: шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б. Маҳкамов 63.

Телефон: (83462) 2-49-73.

Ҷойи чоп: ҶДММ "Набӣ Фахрӣ"

Теъдоди нашр 500 нусха.

ГУЛЧЕҲРА РАҲИМОВА ЗУБАЙДУЛЛО ШОМАДОВ Аксбардор

ФАТҲУЛЛО САЙИДОВ Ороишгар

Маҷалла дар ду моҳ як маротиба чоп мешавад. Мавқеи маҷалла на ҳамеша бо мавқеи муаллифон мувофиқат мекунад, аммо ҳайати таҳририя ба хотири риояи талаботи демократӣ ақидаҳои гуногунро манзури хонандагон менамояд. Дастнавис ва суратҳои ба идора воридмешуда

баргардонида намешаванд. Маводи муаллифони беруна дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфиArial, андозаи 14

Баёни як андеша дар пироҳани гуногуни баён

Ба ҳангоми он байза парварданаш, Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш.

Диҳӣ обаш аз чашмаи салсабил, Бад-он байза гар дам занад Ҷабраил. Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ, Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.

Наргисӣ

Касеро, ки зишт аст з-аввал

сиришт, Чу ҳурон гараш ҷо диҳӣ дар биҳишт. Зи қурси Қамар гар диҳӣ нони ӯ, Зи лаълу зумурруд ниҳӣ хони ӯ. Саранҷоми кор ӯ дуруштӣ кунад, Чу дар асл зишт аст, зиштӣ кунад.

Осафӣ

Агар афъиеро бигирӣ зи дашт, Ба ҷаннатсарояш диҳӣ сайругашт, Ғизои вай аз шираи ҷон кунӣ, Ширин комаш аз оби ҳайвон кунӣ, В-ар аз чашмаи хулд обаш диҳӣ, Гар аз ҳавзи Кавсар шаробаш диҳӣ, Касеро, ки нопок бошад ниҳод, В-агар барнишонӣ ба рахти мурод. Ба асли бади хеш роҷеъ шавад, Ҳама ранҷу тадбир зоеъ шавад. * * *

Хусрави Деҳлавӣ

Агар бачаи саг кунӣ парвариш, Ба ташти заринаш намоӣ хӯриш, Ба зар пур кунӣ мӯи аъзои ӯ, Ба гавҳар бигирӣ саропои ӯ, Чу пурзӯру қувват шавад беназир, Газад соҳиби хешро билахир.

* * *

Ҳотифӣ

Агар байзаи зоғи зулматсиришт, Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,

Аз шоирони гуногун

Агар донаеро ту аз тухми хор, Бикорӣ ба гулзори дорулқарор.

Агар Ҷабраили алайҳассалом, Диҳад обаш аз ҳавзи Кавсар мудом. Нагардад гул, охир ба аслаш кашад, Шавад хору дар қалби ҳурон халад.

Агар бачаи ҷуғзро боғбон, Зи вайрона орад сӯи бӯстон.

Нишеман диҳад бар дарахти гулаш, Диҳад ҷилваи сарв бар сунбулаш. Чу охир пару бол пайдо кунад, Ҳамон кунҷи вайрона маъво кунад. * * *

Агар тухми арзан бикорад малак, Ба амвоҷи зар бар бисоташ фалак. Ба бели мурассаъ Худованди кишт, Диҳад обаш аз ҷӯйбори биҳишт. Агар Ҷабраилаш ба вақти дарав, Кунад доси он арзан аз моҳи нав. Чу бар ҳосил он кишт моил шавад, Ҳамон арзани сарф ҳосил шавад.

Аз бузургон ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 1
*
* *

Гулчин аз ғазалиёти Абулмаъонӣ Абдулқодири Бедил

Тамҳиди айш, эй бехабар, фурсат надорад он қадар, То шиша қулқул карда сар, май рафта аз паймонаат. * * *

Ҳаё кунед ба пирӣ зи вонамуди тараб, Саҳар чу оина гирад, нафас шаби тор аст.

Олами имкон гузаргоҳ аст, иқоматгоҳ нест, Ҳоҳ бар ҷо хуфта, хоҳӣ ланг мебояд гузашт.

Халқ дар мавту ҳаёт аз суфу атлас то кафан, Ҳар чӣ пӯшад з-ин сиёҳиву сафедӣ, мотамист.

Пири ақл аз мо ба дарди нон муқаддам рафтааст, Дар фишори кӯчаҳои гандум Одам рафтааст.

Қадри сухан баланд кун аз машқи хомӯшӣ, Ҳарфи нагуфта маънии илҳом доштаст. * * *

Бедил, аз иқболи тарки муддао ғофил мабош, Дар шикасти орзуҳо ноумедӣ лашкарест. * * *

Олами асбоби ҳастӣ чун адам чизе надошт, Ҳар киро дидем, дарвеш омаду дарвеш рафт * * *

Ҷонканӣ дар аҷзу тоқат ногузири одамист, Аз нигин то қабр ин Фарҳод кандан доштаст.

* * *

Чун шамъ ба уммеди фано чанд тавон сӯхт?

Эй боди саҳар, ғайри ту фарёдрасе нест. * * *

Ту ба ту дар мағзи фитрат нанги ғафлат чидаанд, Пунбаи гӯше, ки дорад халқ, рӯпӯши карист. * * *

Риш – дафтари тазвир, хирқа - маҳзари бӯҳтон, Дини шайх агар ин аст, фисқ порсоиҳост. * * *

Бедил, аз афсонапардозони ин маҳфил мабош, Шамъро ғайр аз забони чарби худ ҷонкоҳ нест. * * *

Андешаи худбинӣ аз вазъи адаб дур аст, Оина намебошад, он ҷо ки ҳаё бошад.

* * *

Халқе ба иштиҳори ҷунунҳои сохта, Доман ба чин надода, гиребон даридаанд.

Аз бузургон ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 2
* * *
*
* *
*
* *
* * *

Оҳ, ба дарди аҷз ҳам кӯшиши мо намерасад, Обила гиря мекунад, ашк ба по намерасад. * * *

Иттифоқ аст он, ки ҳар душворро осон намуд, Варна аз тадбири як нохун гиреҳ натвон кушуд.

Чун тааллуқ рафт, дигар завқи озодӣ куҷост, Хори по бош шӯхии рафтор як ҷо мекашад.

Дар ҷаҳони бениёзӣ фарқи айну ғайн нест, Умрҳо шуд, холиқи олам халоиқ мешавад.

Растан зи қулзуми ваҳм аз сар гузаштане дошт, Яъс ин каду ба худ баст, то зиндагӣ шино кард.

Эй толибони ишрат, дигар куҷост фурсат?

Муфт аст файзи суҳбат, гар ин замон биёед.

Зиндагӣ то кай кашад ранҷи таку този ҳавас, Пушти хар реш аст, эй гов, аз такаллуф ҷул мабанд.

Ба фано чу аҳд бастӣ, зи ҷафои чарх растӣ, Ки шикасти дона то ҳашр ғами осиё надорад. * * *

Софии дил тӯҳматолуди калаф шуд аз нафас, Ранги об аз силии амвоҷ мебошад кабуд. * * *

Далели иззати мавҷи гуҳар хамӯшӣ буд, Ба сакта сохт нафас, то калом мавзун шуд. * * *

Зиндагӣ афсонаи найранги мижгони кӣ дошт?

Ҳар киро дидам, дар ин ғафлатсаро хобида буд. * * *

Аз адабгоҳи хамӯшӣ гӯш бояд вом кард, Сурмагун чашме дар ин махмал такаллум мекунад. * * *

Фалак ҳам аз насиби мо надорад огаҳӣ, Бедил, Талоши рӯзии кас чашми парвезан намебинад. * * *

Шарар ба саҳфа зану фурсати тараб дарёб, Шаби саҳар нафасат бе чароғ мегузарад.

* * *

Як риш ба сад Кавсар арзон накунӣ, зоҳид, Дар чорсӯи ҷаннат пашмина намебошад.

* * *

Заҳмати ҳастиям аз қомати пирӣ дарёб, Чӣ қадар бор кашидам, ки дутоям карданд?

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 3 Аз бузургон *
* *
* * *
* * *
*
* *
*
* *
*
* *
*
* *

Суханрезаҳо

Ҳамаи қарзи ҷаҳонро битавон дод, вале Қарздори абад аз модари худ мемонем.

Мастон Шералӣ.

Танг бар мо раҳгузори дин шудаст, Ҳар лаине роздори дин шудаст.

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ.

Гар шеъратон нашуд мақбули ҳеҷ кас, Бе пир будаед, таҳрири ман набуд.

Аъзами Хуҷаста.

Зи шарми ӯ нигоҳам дасту по гум кард,чун тифле Ки чашмаш вақти гул чидан ба чашми боғбон афтад. Соиб * * *

Касеро, ки бошад дили ҳақшинос, Зи алломаи Гугл дорад сипос.

Рустами Ваҳҳоб. * * *

Гаштаем аз шири модар то ҷудо, хун мехӯрем, Тахти шоҳӣ буд моро тахтаи гаҳвораҳо.

Сайидо. * * *

Ҳасан, дуои ту гар мустаҷоб нест, маранҷ, Забони ту дигару дил дигар, дуо чӣ кунад?

Ҳасани Деҳлавӣ. * * *

Агар бимурд адӯ ҷои шодмонӣ нест, Ки зиндагонии мо низ ҷовидонӣ нест.

Саъдӣ.

Пешсаф бошӣ ҳазорон сафдар анбози туанд, Чун зи саф берун биафтодӣ, сафоят меравад.

Лоиқ. * * *

Ҳусне, ки ба ӯ ишқ сарукор надорад, Монанди табибест, ки бемор надорад. Калими Кошонӣ. * * *

Ба қадри шуғли худ бояд задан лоф, Ки зардӯзӣ надонад бӯриёбоф.

Низомӣ.

Аз
ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 4
бузургон
* * *
* * *
* * *
* * *

Эҷодиёти халқ

Қаринаҳо

Қаринаҳо як навъи эҷодиёти шифоҳии халқ аст Дар инкишофи баъзе навъи қаринаҳо шахсони алоҳидае дар қарнҳои гуногун нақши назаррас бозидаанд. Ашхосе, ки назар ба дигаронҳассостарбуданд,аломатиҳодисаҳова

рӯйдодҳоро пештар эҳсос намуда, бо таври худ маънидоднамудаанд.

Ин ашхос барору набарориҳои ҳар як амалиётро

баягонқувваиалоҳидавобастакарда,таълимотеро

ба вуҷуд овардаанд, ки дар илм табуасия (мамнӯъ, қадаҳан) ном дорад. Ғайр аз ин як зумра қаринаҳое

ҳастанд, ки дар онҳо натиҷаи амал ва рӯйдодҳо

аниқуравшанбаённашудаанд.Дарингунақаринаҳо

гӯянда асосан ба амалиёти безеб ва ношоиста

таъкид карда, оқибати онро дар шаклҳои «Хосият надорад»,«Хабаринохушмешунавӣ»вағайраифоданамудааст.Бафикримо,ин навъиқаринаҳодороиаҳамиятитарбиявӣ-эстетикӣдоранд.

Дар гирд овардани қаринаҳо устод Саъдулло Наимбоев саҳми арзанда доранд. Дарзерчандеазқаринаҳоиҷамъовардаиустодромеорем.

Дар беборишӣ ба сари кампире

рафида монӣ, борон меборад. * * *

Моҳиҳо тез-тез барои нафаскашӣ

ба рӯйи об бароянд, борон меборад. * * *

Тахтаи ошбуриро рост намон, ки хабари нохуш мешунавӣ.

* *

Қурбоққа дар тирамоҳ ҷуррос занад, баҳор сербориш мешавад. * * *

Агар вақти омадани тӯпчибош (навъи паранда) ҳаво хунук бошад, зимистон сахту қаҳратун мешавад. * * *

Агар гунҷишкон дар замин села шуда гарданд, зимистон барвақт меояд.

* * *

Агар сабзаи суманакро таги борон монӣ, ҳосили гандум фаровон мешавад.

* * *

Агар турнаҳо баланд парвоз кунанд, ҳамон сол гуруснагӣ ва агар паст парвоз кунанд, серию пурӣ мешавад.

* * *

Агар дар баҳор бодом ду бор гул кунад, зимистон сахт мешавад.

* * *

Агар гурба моҳӣ хӯрад, сол вазнин меояд. * * *

Агар касалии меъда бошӣ, гӯшти кабӯтар хӯрӣ, сиҳат мешавӣ.

* * *

Духтар қаноти кӯршапаракро ваҷаб кунад, дарздӯзи моҳир мешавад. * * *

Агар аз пеши роҳат гурба гузарад, ба роҳи гузаштаи ӯ сангча парто ва ё се бор туф кун, вагарна нохушие рӯй медиҳад.

* * *

Агар мӯятро акка барад, мӯйҳои сарат тез сафед мешавад.

* * *

Аввали баҳор нахустин шуда мӯрчаро бинӣ, ҳамон сол серкор, қурбоққаро бинӣ сергап, в-агар занбӯрро бинӣ серҷаҳл мешавӣ.

* * *

Агар каси ба касалии зардча

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 5
*

гирифторшуда шабушкро хӯрад, тез сиҳат мешавад.

Агар аз хона бӯйи чукрӣ ояд, дар он ҷо каждум аст.

Агар ба моли касе ҳасуд хӯрӣ, бадиаш ба худат мезанад.

Агар дар хона доира бошад, ҳамеша хурсандӣ рӯй медиҳад. * * *

Хасрӯбаро тӯда карда монӣ, камбағал мешавӣ.

Агар дар шаби торик ситораҳои осмонро шуморӣ, дар рӯят доғҳои зардча пайдо мешавад. * * *

Агар дар вақти заминҷунбӣ аз хоки остона каме хӯрӣ, дилзанакат мемонад. * * *

Агар кӯдаки дардмандро аз таги ток ва ё аз байни шохаҳои он гузаронӣ сиҳат мешавад. * * *

Агар кӯдаки ғашнокро дар хирмани пахта ва ё гандум ғелонӣ, сиҳат

мешавад. * * *

Дар хонаи дӯст оҳи сард кашидан, хосияти бад дорад.

Агар тоқии саратро ба касе диҳӣ, давлатат дур мешавад. * * *

Либосро дар тан даронидан ё дӯхтан хосияти бад дорад. * * *

Агар пои ношуставу чиркин дар хона гардӣ, нохушие рӯй медиҳад. * * *

Агар биниатро бо дасти рост афшонӣ, дар миёни кароҳият мемонӣ. * * *

Агар аз абрӯи духтар торе канда шуда, ба рӯяш афтад, касе дар фикри ӯ аст.

* * *

Агар нохунро ба таги остонаи

дари хона гӯр кунӣ, вақти омадани Хари Даҷҷол панҷара шуда, туро аз бало нигоҳ медорад.

* * *

Агар ҷавондухтар нӯги мӯяшро бандад, бахташ баста мешавад.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 6
Эҷодиёти халқ
* * *
* * *
* * *
* * *
* * *

* * *

Шомгоҳон хонаву ҳавлиро нарӯб, чунки чангу ғубори ба димоғи мурдаҳо расида, онҳоро ноором мекунад.

* * *

Агар аз болои ҷорӯб гузарӣ, мисли он хушк мешавӣ. * * *

Агар дасти хамиролудро дар оби равон шӯӣ, давлатат кам мешавад. * * *

Агар хонаро шабона рӯбӣ, қашшоқ мешавӣ. * * *

Агар дасти хамиролудро дар зарфе шӯста, онро ба бехи дарахти сабз резӣ, давлатат зиёд мешавад. * * *

Хамиртурушро ба касе додани шавӣ, қадре гирифта мон, в-агарна баракати хонаат мепарад.

* * *

Агар дегро шӯста, ба дарунаш камтар об андохта намонӣ, онро шайтон мелесад.

* * *

Агар дегро то пагоҳӣ нашӯста монӣ, баракати хонаат мепарад. * * *

Агар аз болои хокистари тафсон гузарӣ, ба ягон беморӣ гирифтор мешавӣ.

* * *

Агар аз болои оташ ҳаллос занӣ, гуноҳат мерезад. * * *

Куртаатро чаппа пӯшӣ, ғамгин мешавӣ. * * *

Мағзобаро ба рӯи ҳавлӣ

партофтан хосияти бад дорад. * * *

Агар духтар куртаҳояшро чаппа

овезад, хостгор дер меояд.

* * *

Агар либосҳоятро ба рӯи кӯрпаҳои таҳмон монӣ, қарздор мешавӣ.

* * *

Агар рӯи сатили обро шабона

кушода монӣ, пагоҳ се коса обро аз сатил гирифта партою баъд нӯш. * * *

Оташро ба поят пош диҳӣ, корат нобарор мешавад. * * *

Агар писар дегро чаппа гузорад, зан гирифтан мехоҳад. * * *

Агар рӯзи шанбе либоси мардро шӯӣ, қашшоқу бечора мешавӣ. * * *

Агар шудгори заминро рӯзи сешанбе сар кунӣ, ҳосили фаровон мегирӣ. * * *

Агар рӯзи чоршанбе ба шикор равӣ, шикорат барор мегирад, чунки дар ин рӯз Ҳазрати Алӣ ба шикор мерафтанд. * * *

Рӯзи сешанбе сар машӯй, ки мӯят ба деги Бибисешанбе меафтаду вай дуои бад мекунад. * * *

Агар рӯзи панҷшанбе нохун гирӣ, умрат дароз мешавад.

* * *

Агар духтар рӯзи чоршанбе сар шӯяд, пеши бахташ баста мешавад.

* * *

Агар чор чоршанбе сар шӯӣ, сари шавҳаратро мехӯрӣ.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 7
Эҷодиёти халқ

Эҷодиёти халқ

Агар дар нимаи аввали рӯзи ҷумъа мағзоба кунӣ, баракати хонаат мепарад. * * *

Агар дар сари моҳи сафар чизеро

шиканӣ, ба шикаст вомехӯрӣ. * * *

Бегоҳии ҷумъа дар кӯча нагард, ки зиён мебинӣ. * * *

Бегоҳӣ дарвозаи ҳавлиро пӯшу субҳидам кушода мон.

* * *

Дар рӯзҳои сешанбе ва шанбе ба

касе ҳатто хасеро мадеҳ. Агар ба

ягон каси наздикат чизе додан зарур

шавад, ӯ бояд аввал каме намак ва ё

хамиртуруш биёрад.

* * *

Дар рӯзи шанбе шона кардани мӯй

хосияти бад дорад, чунки дар ин рӯз

ҳатто хирс дар ҷангал

намегаштааст, ки мабодо ягон тори

мӯяш ба буттае дар монда, канда нашавад. * * *

Агар хоби бад бинӣ, ба гунҷишкон як каф дон партоӣ оқибаташ нек мешавад. * * *

Агар боронро хоб бинӣ, файзу баракати хонаат зиёд мешавад. * * *

Агар шамол ё шохи дарахтро хоб бинӣ, ошиқ мешавӣ. * * *

Агар хоб бинӣ, ки либосат ифлос шудааст, бой мешавӣ.

Агар дар хобат либоси сафед пӯшӣ, шавҳар мекунӣ.

Шабе, ки хоби бад бинӣ, саҳарӣ нон шикан. * * *

Агар пули Сиротро хоб бинӣ, садақа бидеҳ. * * *

Агар дар хобат парвоз кунӣ, аз гуноҳ фориғ мешавӣ. * * *

Агар дандони тилло, ангуштарин ва ё ҳалқаи тиллоро хоб бинӣ, мард бошӣ зан мегирӣ, зан бошӣ шавҳар мекунӣ.

Агар дар хобат мавзеи сабзу хуррам ва зеборо бинӣ, беҳад хурсанд мешавӣ.

Агар хоб бинӣ, ки мурда дар гӯр нишастааст, маълум, ки мурдашӯйҳоро розӣ накардаӣ. * * *

Агар хоб бинӣ, ки мурда дар бар либоси сафед дошта, дар боғу роғ гардиш мекунад, маълум, ки ӯ дар биҳишт аст.

Агар хоб бинӣ, ки дар болои кӯҳ истодаӣ, мартабаат баланд мешавад.

Агар хоб бинӣ, ки дар тӯй доира, карнай ва сурнай менавозанд, касе вафот мекунад.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 8 *
* *
*
* *
* * *
* * *
* * *
*
* *
* * *

Ба истиқболи 85-солагии Корманди хизматнишондодаи фарҳанги

Тоҷикистон шодравон Муқим Абдураҳмонов Мо

одам

намешавем

(Ба ҳавои ҳикояи ҳамноми Азиз Несин)

Кӣгуфт,кимоодаммешавем?Кӣисбот

кардааст, ки мо ягон вақт одам барин

зиндагӣкардаметавонем?Кӣдидааст,ки боре ҳам гуфторамон ба рафторамон

баробар омада бошад? Оё касе

шунидааст, ки мо ягон маротиба “тут”

гуфта “тут” навишта бошем? Не, мо

ҳамеша “тут” гуфта, “бед” менависему “бед”гуфта,“тут”менависем.

Бале, мо ҳамин хел тоифаем, ки ҳеҷ вақт одам намешавем. Дар болои боми хонаҳоямон антеннаҳои калону бадвоҳима мисли худамон бо виқор сар ба осмон кашидаанду ёрии башардӯстона мегирем ва ҳар гоҳ чунон тӯйҳои

пурдабдабаю базмҳои осмонкаф

мекунем, ки садақадиҳандагонамон аз ҳоламон ҳангашон меканад ва зуд дарҳои хайру саховаташонро ба рӯямон мебанданд. Ҳарчанд сарвари давлатамон ҷон кандаю сӯхтаю пухта, “тӯю маъракаҳои камхарҷ кунед, миёнатон нашиканад”-гӯяд ҳам, боз донистаи худамонро мекунем, “Хар аз хар ақиб монад, гӯшашро бур”-гуфтагӣ

барин, мурем ҳам “ман аз фалонӣ каммӣ”-гӯёнбоқарзуқаволабошадҳамдеги оши маъракаи “чор кас медидагӣ”-ро

меҷӯшонем ва солҳои дароз мурда –мурдақарзсофмекунем. Магар мо одам мешавем? Не-е, аз куҷо?

Ба пардохти пули обу барқ диламон намедиҳаду соили ба лаби дарамон омадаро бо калтаку санг зада меронему хонаҳои се-чор қабатаи боҳашамат сохта, ёру ҷӯраҳоямонро ба чусту

чолокиамон қоил мекунонем Ин мисраъҳои Ҳофизи бузургвор гӯё маҳз дарҳаққимогуфташудаанд:

Ҳар киро хобгаҳи охир чу муште хок аст, Гӯ: -Чӣ ҳоҷат, ки ба афлок кашӣ айвонро?

Ба назди мансабдоронамон ҳам даромада, ҳаргиз хурсанд шуда намебароӣ. Ба сару либос, мақому мартабаат нигоҳ карда, муомила мекунанд.Аммоҳамагапомадабакисаат қарор мегирад. Хоҷа дар чанд лаҳза тадқиқот мебарад ва хулоса мебарорад, ки аз кисаат оё чанд танга берун мебароядваягон корибаӯнафъоварро баҷоовардаметавонӣёне.Тодаме,киаз тучизенарӯяд,хоҷабаарзатнамерасад, саду сӣ баҳона меёбаду туро хушк аз даргоҳаш мегуселонад. Замони пеш вай тамаихешропардапӯшонаизҳормекард. Чанд соли охир парда аз рӯй кашида, кушоду равшан шарт мегузорад: аввал сумамебарорӣ,баъдкоратбудмешавад. Қисса кӯтоҳ, “бе пул суханат асар

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 9 Наср

надорад”имрӯзшиориҳамагонаст

Ба ҳамаи ин магар худи мо айбдор

нестем? Оё хоҷагонро ба ришваситонӣ

худамон одат накунондаем? Агар мо

надиҳем,онҳохокамегиранд? Баъдиин

магар мо одам мешавем? Ҷудо ҳам мушкил–дия...

Биёед, як тасаввур кунед, ки бо ҳоҷате наздихоҷадаромадедваҳолорӯбарӯяш истодаед. Гӯё тамоми ҷуссаи ӯ аломати саволро мемонад ва тамоми вуҷудаш ба Шумо саволомез менигараду мепурсад: -

Чӣ дорӣ, пул дорӣ, чӣ қадар, куҷост он?

Гӯёвайҷуволестпуразпул,валеҳеҷсер

намешавад ва якзайл такрор мекунад: -

Биёр,бите,биёр,бите!!!

Дар бозор сад қасамхӯрда, молиба ду пули пуччак намеарзидагиамонро ба сад пул фурӯхтанӣ мешавем. Гови харобу

лоғару ниммурдаамонро бо сад ҳилаю

найранг хӯрок дода, сер кардаю варам

кунонда, ба пули калон мезанем. Меши

қисирро дуҷон гуфта, мефурӯшем. Орди

кӯҳнаиталхросадқасамхӯрдаю “динааз осиёб овардем”,-гӯён ба сари харидори

бечорабормекунем.

Гӯшти моли бемори ҷон ба ҳақ супурдаро “ҳалол кардем” - гуфта, бо қасамҳои албастӣ ба ҳасибу кабобпазон ҳавола мекунем ва ягон зарра ҳам андеша намекунем, ки оқибати ин ҳама кибзудурӯғвакаҷрафторӣчӣмешавад.

Пас магар мо одам мешавем? Хестед, ки хобатон!

Ба мо тани сиҳат намефорад. Оби софро ифлос мекунем, ҳавои тозаро вайрон менамоем, зеро ношукр бандагонем. Пӯстамон чунон ғафс шудааст, ки сад мазаммату ҷаримаю сиёсатбамотаъсирнамекунад.

Бодинем, вале аз дин бегона-дидаю

дониста ба лаби ҷӯй (ҳатто рӯйи об) пору мерезему дигар ифлосиҳо мепартоем.

Лаби дари кӯчаамонро хуши рӯфтан

надорем.Хайрият,ҳаргоҳмактаббачагон

ҳашар эълон карда, гирди атрофамонро

рӯбучин менамоянд. Ба ҳамсоягонамон

ҳам рӯзи хуш нишон намедиҳем. Мақоли

“ҳамсоя ба ҳаққи худ баробар аст”

бароямонкайҳокӯҳнашудааст. Бароияк ваҷаб замини таҳкурсии миёнадевор

дастугиребон мешавем. Мабраз-

хонаамонро ба пушти девори ӯ месозем ва аз сақфи он ба сӯйи вай дарича мекушоем, то ки ношуниданиро шунавад ва нобӯйиданиро бибӯяд. Худо накарда ягон шохи дарахти ҳамсоя ба рӯйи

ҳавлиамонхамшудамонад,ҳамонзамон шартӣбуридамепартоем,бақавле,бамо сояҳамдаркорнеюҳамсояҳам.

Пасмарҳаматкардагӯед,киоёмоодам мешавем?Не,асло!

Фарзандонамон ҳам худамон барин ҳангоматалабуинҷиқвадардисаранд.Ду моҳ пеш ва ду моҳ баъди соли нави мелодӣ бо гумбур-гумбуру қарсо-қурс гӯшихурдукалонробақоматмеоранд. Аз шӯру мағале, ки онҳо дар кӯчаҳои шаҳру деҳотамон мебардоранд, чандин бемору пирсолбабемористонмеафтандучашми чандин зани ҳомила бармаҳал равшан мешавад. Дар зимистони қаҳратун бо калӯши даридаю шиками нимсеру нимгурусна мегарданду пулро ба хариданионпистонакҳоитаркандадареғ намедоранд шумбачаҳо. Аҷоибаш ин, ки баонҳозӯримилисаҳоҳамнамерасад,ба ҷойи он, ки пеши роҳашонро гиранд, баръакс, даҳон инҷ карда, гузашта мераванд Худамон-чӣ? Ғинг гуфта наметавонем,чунки забонамонкӯтоҳ,мо ҳам дар бачагӣ ҳамин хел номаъқулиҳо мекардем. Ҳамин тавр, ки бошад, дар оянда фарзандонамон ҳам магар одам мешаванд? Аз куҷо? Мо намешавему онҳомешаванд-мӣ? ... Вақте ба навиштаҳо нуқта мегузоштам, ба ёдам расид, ки болои газ чойник монда будам. Ба ошхона даромада бинам, оби он хушк шуда, чойник қирс-қирскунон сӯрох мешавад. Оташи газ бошад фаввора мезаду ҳисобкунак шириққосзанон дирам болои дирам ва сомонӣ болои сомонӣ зам менамояд Чароғи ошхонаю раҳрав, ташноб...хуллас,ғайразхонаихобдигар ҳама ҷо фурӯзон аст Ҷумакҳои лӯлаи об ҳамкушодаюонбеҳудашилдирросзанон ҷорист Ҳисобкунакҳои обу чароғ ҳам якзайл шараққос мезананд ва кисаҳои мороноаёнсӯрохмекунанд.

Хайр, бо ҳамин минвол, вақте мегӯему менависем,валеамалнамекунем,магар одаммешавем?Неъ,ҳеҷгоҳ!

Наср ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 10

Ҷуғз менолад ба шаҳри мо, ки як вайрона нест, Оламе дорам, ки дар афсонаи афсона нест.

Хонае аз хуни дил дар чашми гирён

сохтам, Оташ андар об дидан кори ҳар девона нест.

Ҳар киро бинӣ, ҳаменолад зи дарду доғи худ, Сӯзиши шамъ аз барои мурдани парвона нест.

Кӯрдуде мекунад дар сина оҳи мурдадил, Чун кунам ӯро, ки худ парвардаам, бегона нест.

Назм

Чанд шеър

Боре аз банди ҷафо ворастанам

гашт орзу, Орзуро баски чун ман пой дар завлона нест

Чанд мемонад фалак дар

гардани ман нуқси хеш, Заъфи ақл андар шароб аст, айб дар паймона нест

Бо умеде дарди худ дар дӯли ҳасрат

рехтам, Осиё мегардад, аммо гарде аз як дона нест.

Савти оҳам, ба навозандаи худ механдам, Ба ҳавасҳои ҳаросандаи худ механдам.

Тарсам, афсона шавад ҷанги ману деви ҳавас, Талх бар чирагии бандаи худ механдам.

Сифрам афзун нашуд аз сифр фузудан ҳаргиз, Ба суханҳои парокандаи худ механдам.

Ҳар шаб аз мурдани нобурдани худ мегирям, Ман, ки ҳар рӯз ба он зиндаи худ механдам.

Чун гаронгӯш, ки бо завқ бихандад се бор, Ба худу ҳоли худу хандаи худ механдам.

Умрам аз сарҳади имрӯз гузашт, андешам, Ки ба чӣ шева ба ояндаи худ механдам.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 11
* * *
Ҷамолиддин Шоҳасанов

Зиндагӣ афзуд аз ман чун ба дунё омадам, Заврақи умедаму бо мавҷи дарё омадам.

Чун сафири ёдҳову муждаи дидорҳо, Дар дилам фарёди гарму дар лаб ово омадам.

Ҳарду чашми ман чароғи рафтаю оянда буд, Дар гузаргоҳи замон чун дию фардо омадам.

Дарду доғи ҳастиро аз набзи ман санҷидаанд, Андар ин таҷрибагаҳ аз баҳри эҳё омадам.

Ҳамчу зарфи холие, ки аз ҳаво пур мешавад, Борҳо бар қаър рафтам, боз боло омадам.

Мепазирам пасту болои туро, эй зиндагӣ, Ман, ки дар шодию ғам хомӯшу гӯё омадам.

Эй Ватан ҷозибае ҷаззоб аз меҳри ту нест, Мурдам аз баҳри тую аз нав ба дунё омадам.

* * *

Хомӯш мешавад дилу фарёд мекунад,

Дар ман сукут валвала бунёд мекунад.

Ҳамшеваи ман асту валекин аз ихтилоф Ҳарчи хароб созамаш, обод мекунад.

Ақлам шигифт монда зи дасти тараҳҳумаш, Ғамро асир мегирам, озод мекунад.

Иқрор мешавам, ки фаромӯшхотирам, Бар ёди ман намерасад, ӯ ёд мекунад.

Хунёгарест, сози нафасҳо

ба дасти ӯст, Дар ҳар дақиқа савти нав эҷод мекунад.

Хуш бод он нишот, ки аз дил намеравад, Шод он ғаме, ки хотири дил шод мекунад.

Сад бор рустӣ аз худу аз дил тапидаам, Чун тифлакам, ки тақлиди устод мекунад.

Дунё, ки дӯст дораму бораш ҳамекашам, Оҳиста орзуи маро бод мекунад.

Назм ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 12 * * *

маориф

Диле к-аз

хирад гашта

ороста

Ояндаи ҳар миллат дар

дасти омӯзгор аст. Дар симои ин

зани омӯзгор рисолати неки

инсонӣ, дониши қавӣ ва

омӯзиши пайвастаро мебинам.

Муаллим хонаеро мемонад, ки

аз хишти пухта сохта шуда, ҳама

бурҷу зовияҳояш дуруст ва аз

нигоҳи муҳандисӣ соз ва

бенуқси меъморист.

Сд а б н о в а Л ю д м и л а Владимировна кайҳост, ки дар

хонаи дилудидаиҳамкоронва аҳлиҷомеаошёнимеҳрувафовуэътиқод

гузоштааст Бале, чунин ашхос чун

гавҳари ноёб дар байни ҳазорон ҳазор мардум , ки сар то пояш фидоии касби

хешаст,камбаназармерасад.Ҳадафаз навиштаниинсатрҳодаронаст,кинасли имрӯзбаояндаикасбихешбочашмидил бингарад, то мисли Людмила Владимировна рисолати ба дӯш гирифтаи хешро содиқона ба ҷо оранд.

Зиндагиномаи ин зани фидоӣ як мактаби омӯхтанист Людмила Владимировна 16 июли соли 1940 дар шаҳри Исфара чашм ба оламиҳастӣкушода,дарбиҳиштоғӯшиин шаҳри нозанин камол ёфтааст. Ӯ соли 1947 қадам ба остонаи мактаби миёнаи №1 ниҳода, дар ҳамин муассиса таҳсил намудааст. Номбурда соли 1957 онро бомуваффақият ба итмом расонидааст. Фаъолияти меҳнатии Людмила Владимировна ҳанӯз соли 1958 ҳамчун муаллимаи забони русӣ дар мактаби миёнаи №49-и шаҳраки Хонобод оғоз меёбад. Худи ҳамон сол ба Институти омӯзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) ба шуъбаи ғоибона дохил шуда, онро соли 1964 хатм намудааст Муаллима соли 1961 ба МТМУ №1 ба номиА.С.ПушкинишаҳриИсфарабакор омад, то имрӯз фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дорад. Инак, 65 сол мешавад, ки Людмила Владимировна дар ин ҷода ҳамчун яке аз чеҳраҳои муваффақу саршиносзаҳматмекашад.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 13
Машъалони

Машъалони маориф

Аллакай аз рӯзҳои аввали корӣ ӯ

худроҳамчуномӯзгориҳақиқӣванавовар нишон дода тавонист. Садоқат ба касби

хеш, меҳнатдӯстӣ, серталабӣ, таваҷҷуҳ

ва ҷустуҷӯи пайвастааш дар кашфи

роҳҳоинавитаълим,талошҳоибеохираш

баҳри беҳбуд ва рушд барои синфҳои

ибтидоӣ ӯро зина ба зина боло

мебурданд.

Дар соли хониши 1987-1988 бо

хоҳиши ӯ тарзи нави азхудкунии

барномаичорякиаввалбароисинфи1“Б”

бомуваффақиятгузаронидашуд.

Хизматҳоибосамарашдаринсамтаз

як ниҳоли навбар ба як дарахти боровар

мубаддал гашт Муаллими тахассуси

олӣ, омӯзгор-методист Людмила

Владимировнатамомиҳастияшрофидои

ин касби пуршараф гардонид ва хизматҳои беназири ӯро бо нишонҳои

“Аълочии маорифи Ҷумҳурии

Тоҷикистон”ва“АълочиимаорифиСССР”

ва чандин ифтихорномаҳои раёсати

маорифу МИҲД қадршиносӣ намудаанд.

Гузашта аз ҳама, барои ӯ мукофоти олитарин барояш “Салом, муаллима”

мебошад.

Мактаб барои ӯ бо маънои томаш

оила ва шогирдонаш фарзандони ӯянд. Шогирдони Людмила Владимировна на танҳо дар саросари кишвар балки берун аз он дар вазифаҳои баланд пурмаҳсул заҳматмекашанд.Бемуҳобобоядгуфт,ки имрӯзҳо аз раис то вазир ба аёдати ӯ меоянд,зероӯҳамчунмуаллимиаввалин дар замири шогирдон нақши бориз гузоштааст. Мавсуф тавонистааст аз солҳои 70уми қарни гузашта то ба имрӯз ҳамчун беҳтарин омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Исфара ливои шарафро парфишон намояд Шогирдонаш

мегӯянд:Ӯаҷибаст,сахтгир,серталабаз замириҳархонандаистеъдодероҷӯёаст Бешак, ӯ маҳз омӯзгор ба дунё омадааст Тамоми умри бобаракаташро барои таълиму тарбияи насли нав бахшид. Дар қалби мо нақше гузоштааст чунмодарабадӣ.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 14
Саодат АКРАМОВА, омӯзгори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе.

Ёдкада

Дар варақи намозҳо

Як дафтари шеърҳои Ҳоҷӣ

Абдусамеъ бо унвони “Дар варақи

намозҳо...” ба дасти мо расид. Аз

саҳифаҳои ин бозёфти нодир

бармеояд, ки шоир шеърҳои хешро ҳам бо хати кириллӣ ва ҳам бо хати форсӣ навиштааст.

Сафҳаҳои ин дафтар бозгӯи онанд, ки шоир хушнавис ҳам будаасту

шеърҳои хешро борҳо хати бутлон ҳам задааст. Ин амал аз дақиқназарии ӯ ва аз серталабии ӯ аз назм дарак медиҳад. Инак, чанд нигоштаҳо аз авроқи бозёфтшуда.

Барканорамомадӣ, бо бӯсаи ширин биё, Бо нафасҳои тароватбору атрогин биё.

Аз замин бардошта

омоли дар раҳ хуфтаро, Бо хаёли тозаву андешаи рангин биё.

Гул ба домони баҳори тирамаҳ пай рехта, Бар ҳарими ормонҳои

ба ғам огин биё.

Боди дарёхез инони рӯд натвонад кашид, Зиндагӣ бад асту об, ай ҳастии худбин биё.

Як нафас шояд зи умри даргузар нақди Худост, Даргузар аз мазҳабу расму русуми дин биё.

Баски Ҳоҷӣ бо гули андешаи ту зинда аст, Навбаҳоро гулнафас, гулпираҳан, гулчин биё! * * *

Аз раҳи умри равони ман биё, Бар ҷаҳони ормони ман биё.

Рӯзгори ошиқи рӯзам надод, Гармии ҷону ҷаҳони ман биё.

Дар дили ман пир хоҳад шуд ҳавас, Мояи умри равони ман биё.

Бе ту рӯзам бар сар ояд тирафом, Офтоби меҳргони ман биё.

То расад бӯи гул аз доғи дилам, Навбаҳоро, бар хазони ман биё. * * *

Ай равони ишқи ман, хуш омадӣ, Ҷони ҷони ишқи ман, хуш омадӣ.

Дилрабову дилкушову дилнавоз, Меҳрубони ишқи ман, хуш омадӣ.

Аз малоҳат навбаҳори тозаӣ, Гулфишони ишқи ман, хуш омадӣ.

Дар ҷаҳони бенишониҳои ҳусн, Ай нишони ишқи ман, хуш омадӣ.

Абри саргардон нашӯяд доғи дил, Ормони ишқи ман, хуш омадӣ.

Дафтари сабзи баҳори лоларез, Доғмони ишқи ман, хуш омадӣ.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 15

Нависандаи хушноми тоҷик Лутфӣ Саид аз

зумраи он қаламкашоне мебошад, ки дар навиштани асарҳои калонҳаҷм муваффақ шуда.

Пешаи асосии ӯ омӯзгорӣ буда, чандин насли саодатманди Ҳисору Исфара аз чашмаи софу зулоли маонии ӯ бо косаи заррин ташнагии маънӣ шикастаанд. Лутфӣ Саид бармаҳал ба

узвияти Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон пазируфта шуда бошад ҳам, даст аз таълиму

тарбия накашидааст ва дар ин ҷода шарафёб

гардидаву унвони баланди «Муаллими

хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон»-ро

дарёб намудааст. Пайроҳаи қисмат ӯро басо печутоб додаасту

барфи зиндагӣ ба сару рӯяш бармаҳал боридааст, вале нависанда

бо рӯҳи шикастнопазир ҳамаи паҳнову тангнои пайроҳаи қисматро

убур намуда, ба шоҳроҳ расидааст. Аз хеш осори гаронбаҳое ба

алоқамандони сухани воло мерос гузошт. Аз реҳлати ҷисмониаш

чанд сол гузашта бошад ҳам ёди неки нависанда бо мост.

Хушбахтона, дар радифи дигар фарзандони ҷисмониаш

Нарзуллои Саид низ рӯй ба адабиёти ҳазорсола овардааст, ки ин силсила идома дорад. Нарзуллои Саид дар муҳити адабӣ ба воя расидааст ва хешро дар боғи адабиёт навниҳол мешуморад. Инак, муште аз хирворе аз маҷмуаи “Қатраҳое аз баҳри андеша”-и ӯро манзури шумо мегардонем.

аз баҳри андеша

Соқӣмайрез,сӯзедарҷигаромад маро, Суҳбати ноаҳл ин дам дарди сар омад маро.

Эй хушо, май нӯшаму аз ёд

бардорам ҳама, Ёди он дилдор кардам чашми тар омад маро.

* * *

Дар ҳусну ҷамол чу шамси тобон ҳастӣ, Дар ақлу хирад ҳамеша пурдон ҳастӣ.

Эй кош ба ту даме муяссар бошам, Дар зеҳни дилам ягона армон ҳастӣ.

* * *

Рӯзгоро беҳтарин омӯзгор, Бар мани хокӣ ҳар дам интизор.

То ки ҳастам ошиқе дар ин ҷаҳон, Васли ёрамро ба ман арзон бидор.

ГАНҶИИСФАРА

* * *

То ба кай дар ёди ишқат зиндаам, Лаҳзае шодам бикун, бехандаам.

Ғайри ту дар дил ҷаҳони номурод, Аз тамоми зиндаҳо дил кандаам.

* * *

Май мехӯрам хуни ҷигарро

нахӯрам, Ҳаргиз ғами дилбари дигарро

Аз умри гузашта ҳеҷ

нахӯрам.

розӣ нашавам, То аз лаби он нигор шаккар нахӯрам.

* * *

Ҳар нафас мастам ба ёди ту

аё зебосанам, Гар намедонӣ, бидон, дар роҳи ту

Андар ин боғи дилам

ҷон меканам.

як ғунчаи хандон туӣ, Кош бошад зулфи хушбӯят

даме дар гарданам.

Китобиёт
| № 2(63)|2023 16
Қатраҳое

Шеъре

чанд аз

Набихони Чустӣ

Фарҳод Ҳасанов дар радифи дигар

китобҳои таърихии хеш қалами

сеҳрангези худро дар тарҷума низ

сайқал додааст. Худи адиб дар

ёддоштҳояш нигоштааст, ки соли 1983

ҳангоми саррассоми Боғи фарҳангию

фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ

фаъолият доштанаш бо шоир

Набихони Чустӣ ҳамсуҳбат шудааст.

Ёдовар мегардад, ки устохонаи

кории ӯ дар паҳлӯи чойхонаи

“Шаббода” қарор доштааст. Як субҳ

мудири вақти чойхона Абдусамӣ

Ҳомидов аз ташрифи шоири халқӣ ва

ҳамроҳонаш дарак медиҳад. Зимни

Ин сон инсон мекушад

Аз алам доно намирад, балки нодон мекушад, Ору номусу ҳаё, иғвою бӯҳтон мекушад.

Ҷон набошад дар сухан, дар тӯҳмату неши забон, Ин муаммо бингаред, беҷон сад ҷон мекушад.

Бадтарини марг миннат, гуфтаи соҳибдилон, Миннати дунон кашидан, марди майдон мекушад.

Мор вақте рост бошад кай сурохӣ дарравад, Номурод аст каҷдил ӯро ҳарфи армон мекушад.

Ҳайрате дорам аз он, ки жожгӯйӣ ин замон, Буғғӣ карда ҳарфи ҳақро, ростгӯён мекушад.

Ногузир бошад аҷал, Чустӣ, ба ҳар ҷондори даҳр, Дар шигифтам, з-он ки ӯ ин сон чӣ инсон мекушад.

суҳбат маълум мегардад, ки Чустӣ ва ҳамроҳонаш ба сафари тӯлонии

водии Фарғонаву Тошканд баромада, ба зиёрати оромгоҳи бузургони ин

водӣ мушарраф гардидаву хотимаи сафарро дар Исфара анҷом додааст. Фарҳод Ҳасанов навиштааст, ки солҳои сиюми қарни гузашта падарам дар “Тоҷикинпросс”-и шаҳри Тошканд ҳамроҳии Сотим Улуғзода таҳсил намудаву аз нақлҳои устод

дарёфтаанд, ки Чустӣ соҳиби як истеъдоди фавқулодда буда, дар ноҳияи тоҷикнишини Чусти вилояти Намангон зиндагиву эҷод мекардааст. Ин ҳамбастагӣ бо шоири халқӣ

боис гардид, ки ӯ як қатор шеъру ғазалҳои шоирони ӯзбекро ба тоҷикӣ баргардон намояд.

То ки он даврон наёд

Файз набвад кулбаи ошиқ агар ҷонон наёд, Аз тани беҷон чӣ ҳосил гар ба ҷонат ҷон наёд.

Даркушода хонае фарқе надорад

аз лаҳад, Ҳоли якдигар хабаргирӣ

агар ёрон наёд.

Зулмат ин рӯи замин

бар чашми мардум то абад, Дар шабистон моҳу рӯзон ховари рахшон наёд.

Аз куҷо бар мулки дилҳо

рӯшанӣ пайдо шавад, Гар ба мулку хонаат соҳибдиле меҳмон наёд.

Ҳар сухан дар авҷи суҳбат

кутаҳ аст чун васли ёр, Ногаҳон дар гармии суҳбат

агар нодон наёд.

Ҳар матои дӯстиро

баҳри мо чун оваранд,

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 17 Тарҷума

Бар макони сулҳу ваҳдат

зиддиятдаврон наёд. Сабру тоқат пеша кун, Чустӣ, дар ин давру замон, Хушк гардад гул ба гулшан

гар маҳе борон наёд.

Тани танҳо мабош

Кулфату андӯҳ ба сар ояд тани танҳо мабош, Ошно дар вақти ғам ку? тутии гӯё мабош.

Рӯз то шом соя аз ту менамегардад ҷудо, Ногаҳон дар шомгаҳӣ бо гумшуда шайдо мабош.

Қатраобе шав мудом бар коми он лабташнагон, Чун раҳат афтад биёбон

дар ғами дарё мабош.

Марди зишту ҳарзагӯ ҳаргиз наёбад эътибор, Паҳлуи безорию ҳам беадаб як ҷо мабош.

Хоки пои мардумон шав, ҳосили некӯ бидеҳ, Золиму бадкор агар ояд дучор тилло мабош.

Бесавод беҳтар бувад аз олимони беамал, Илму дониш гар туро на толиби имло мабош.

Кун сухан андешида, Чустӣ, то ки бошӣ муътабар, Бо каломи пучу хомат байни мо расво мабош.

Қарор гирад

Зи тори ту либоси ман

дар он ёре қарор ояд, Қатори ғунчаи гулҳо ба гулзоре қарор ояд.

Агар хуршед мебинад

ҷамолу қомати ёрам, Хамӯшӣ пеша месозад, чу дилдоре қарор ояд.

Расидан бар висоли ӯ

басе мушкил, басо ранҷе, Каме гар бехабар монӣ, ба бозоре қарор ояд.

Рақиб ар қасди ёрам кард, қабогулгун шавад бечун, Бисозам мижжаро ханҷар ва ағёре қарор ояд.

Расад гар бар висоли ӯ

дар ин дунё агар ошиқ, Ба мисли Мансури Ҳаллоҷ бари доре қарор ояд.

Ба гулшан чун гузар дорӣ, машав ошуфта, ай Чустӣ, Ки барги гул басо нозук агар хоре қарор ояд.

Тарҷума ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 18

Сабоҳат Сатторова

Садои модар

Субҳи солеҳон аз хоб бедор шудаву сараввал, даст ба гӯшӣ мебарам. Ба модари азизам, ки аз ман фарсахҳо дур зиндагӣ мекунад, занг мезанам. Хуб медонам, ки ҳамин лаҳзаҳо фориғ аз намоздастбадуобардоштавуаздаргоҳи беназири Офаридагор оромиву осудагии фарзандонашроталабмекунад.Охир,аз боигариидунётанҳофарзандонродорад.

Манзангмезанам,садоизангиманаз кӯҳудараҳогузашта,сӯйикошонаимодар мерасад.

Инлаҳзаҳодиламмеларзадвамодари муштипари ман бо дастони аз меҳнати сахту сангин обиладори хеш гӯширо мебардорад:

-Салом, чароғи модар, хуб ҳастӣ, фарзандонатчӣҳолдоранд?

-Хубам, модари ҷон, - ҷавоб медиҳам ман, ин лаҳзаҳо гиря гулӯгирам мекунад, даруни дил гаштаву баргашта шукр мекунам, ки овози дилнавози модарро шуниданнасибамгардид.

Баъди шунидани садои модар олам рангидигармегирад.Дарпаҳлӯямгулҳои

Пайи қалам

настарану ёсамин ба ҳар ранг ҷилва менамоянд. Чеҳраи офтоб рахшонтару пурнур, суруди парандагон ҷолиб, оби ҷуйбор ба назарам, аз нури гарми офтоб башавқомадаву сурудхононумавҷзанон ба пеш медавад. Зиндагӣ

ҷаззобтару

ширинтар мегардад, зеро ман оҳанги беҳтарини дунё - садои модарро шунидам.

Инлаҳзаҳоибеҳтариниумрногаҳон фикри ботиле дар ниҳонхонаи дил пайдо гардидаву ба дару девори дил чангол мезанад. - Не, не !- фарёди ҷонкоҳ мебарорам ман. Мабод он рӯз. Мабод он рӯз, ки занг занаму садои форами модарам аз кӯҳу дараҳо бо суръати барқ паридавусӯикошонаиманнаояд.Мабод онрӯз...

Дил

Дил, дили заҳматкашу сарбаланди ман. Чаро исён мекунӣ? Даруни қафаси сина чун кабутараки зарринбол метапию оҳанги раҳо шудан дорӣ. Ту тамоми умр дар ҳар лаҳзаҳо ғаму фурқат, яъсу ноумедӣ,босабрутамкинмаробасабурӣ даъват мекардӣ. Бо як маром тапидаву умри азиз идома медодӣ ва шарёни хун ба рагҳо таъмин намудаву баҳри идомаи умр ҳидоят менамудӣ. Ту муниси ман будиву пайваста меҳнат мекардиву ман аз он ки туро дорам ва мутаккои беминнатамҳастӣ,чеҳраисубҳро,гармии хуршеди ҷаҳонтобро эҳсос мекардам. Меболидам, ки ин зебоии даҳри беканор бо чашми дил мебинам Ба нағмаи мурғакони ҳаво наззора кардаву бӯйи гулҳои атрогин мешамидам. Ту маҳаки асосии умри ширин, бо заҳмати ту ин ҳамаэҳсосменамоям. Тамомиумрбори қалам бардоштаву зебоиҳои диёр васф намудаам, вале боре ҳам хидмати туро васф накарда. Надонистам, ки ту ҳам аз такопӯҳои зиёде афсурда мегардӣ. Ба қадри ту нарасидам. Бароят нӯшдоруе надодам, то даме биёсоӣ. Зеро боре ҳам аз худ дарак надодӣ, нагуфтӣ, ки ранҷи бисёркашидӣ.

Вале,имрӯзметапиюисёнмекунӣ. Орзуи раҳо шудан дорӣ. Аз ту илтиҷо дорам, эй дил, сабур бош, орзуи раҳо

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 19

Пайи қалам

шудан манамо. Охир, ҳанӯз бори умр ба манзил нарасонидаам. Мехоҳам ин ҳама зебоиҳои олами зинда ба серӣ бубинам.

Зери осмони ситоразор қадам задаву подоши заҳматҳои ту бидиҳам. Замоне

маро ба сабурӣ даъват мекардӣ, имрӯз ман туро даъват менамоям, сабур бош, оҳанги раҳо шудан макун, дили саркашу сарбаландиман.

Руъё

Баъдимуноқишаинавбатӣбозарӯс

бахонаипадаррафт Вайдаринхонадон

келинди дуюм буду падару модараш бечораҳолона мезистанд. Модари домод

ин ҳама медонист, аз ин рӯ, келинди

хурдӣ дар хонадон қадру манзалате

надошт. Ба ӯ ҳамчун каниз муомила

мекарданд. Ҳар замон хушдоман ба келинд гӯшзад мекард: -

замонмодарписарронасиҳатмекард,ки мабодо ба фарзандонат ягон чиз нахар, моназобашрокашад.Агармабодобасуд ариза диҳаду алимент талаб кунад, ҳар замонякеазписаронатроду-серӯзахона меорӣ, мегӯем, ки як нафарӣ тақсим кардем Писар бе ягон ҳарфу ҳиҷо гуфтаҳои модарро тасдиқ мекард. Баъди чанде падар рафту писари калониашро ба ҳавлӣ овард. Кӯдак дастонашро ба гарданипадарҳалқакарда,шодӣмекард, кибозбахонаашонбаргашт.

Падар ба

фарзандаш бозичаҳо

харида меомад, вай шодона рӯзи дароз бозӣ кард. Бегоҳӣ модаркалон пурсид, назди модарат меравӣ. Кӯдак сар ҷунбонидуҷавобираддод.

Сандуқчаи

пури пул дорам, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ба

писарам арӯси дигар мегирам, ту бошӣ дар хонаи падари нодорат тамоми умр азоб мекашиву кашшоқона зиндагӣ хоҳӣ

кард. Боз фикр накунӣ, моро касе муҷозот мекунад. Ин фикри хом, хайр... пул калиди тамоми қулфҳост Туро касе намепурсад,замонзамонипулдор!

Вайчандедархонаиволидонзисту баъд ба кор баромад. Фарзандонаш яке чаҳорсолаву дигаре дусола буд. Ҳар

Модаркалон хушнуд гардид: -дидӣ писарам, хонаи камбағалонаи модараш рафтан намехоҳад, вай он ҷо ин гуна шароитро дар хоби шабаш ҳам намебинад.

Дурӯзсипарӣшуд,падаринбегоҳбозяк мошинчаи зебое овард. Писар хобида буд. -Ана бин, писарам, бароят мошинча овардам.

Кӯдак сӯи мошинча нимнигоҳе ҳам накард. Танҳо бо овози гиряолуд ҳиқҳиқкунонгуфт:-Мароназдиоямбаред,ёд кардам, тезтар баред. Мошинча даркор не,манӯромехоҳам...

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 20

Л А Т О И Ф

Алии Сафӣ писари нависанда

ва олими забардасти замон

Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, Алии Сафӣ аз падари

донишмандаш илмҳои замон

омӯхтаву ва аз адабиёту

таълифоти соҳаҳои гуногун

бархӯрдор гардидааст.

Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ

дар “Латоиф–ут-тавоиф”-и

худ, ки дар таърихи адабиёти

мо бо шаклу мазмун ва услуб ба

асарҳои мансурӣ пешина

монандӣ надорад, латифа ва

Лутфи латиф

зарофатҳои мухталифи

ҷомеаро бо як завқи шоирона

гирд овардаву мураттаб

сохтааст.

Чархи даввор зери пои ин

адиби наҷиб пойандози ишрат

нагустурдаву зиндониву

сарсонӣ ва саргардониҳои зиёд, нокомӣ ва маҳрумиҳои айёми

зиндагӣ додааст ва риштаи

ҳаёти нависандаро бармаҳал

кандааст.

Аз ӯ як қатор асарҳои

арзишманд ба мо мерос

мондааст. Инак, гулчине аз

онҳо хонандагони закӣ, нуктафаҳм ва соҳибзавқ...

муъҷиза наметалабам. Ту гувоҳ бош, ки ман ба ӯ имон овардам.

Мӯътасим бихандид ва ӯро хилъат дод ва муддаиро ба дор-ушшифо фиристод.

Яке пеши Мӯътасим омад ва даъвои

нубувват кард.

Гуфт:

-Чӣ муъҷиза дорӣ?

Гуфт:

- Мурда зинда кунам.

Гуфт:

-Агар аз ту ин муъҷиза зоҳир шавад, ба ту бигаравам.

Гуфт:

- Шамшери тез биёваред.

Мӯътасим бифармуд, то

шамшери хоссаи ӯро оваранд ва ба дасти муддаӣ доданд.

Гуфт:

-Некӯ бошад.

Пас рӯй ба вазири худ карду гуфт:

-Чӣ мегӯӣ?

Гуфт:

-Эй халифа, тан ба куштан дар додан кори саъб аст ва ман аз ӯ ҳеҷ

Аспи сипоҳиеро дузд бурда буд. Яке гуфт:

-Гуноҳ аз ту буд, ки нек забти аспи худ накардӣ.

Дигаре гуфт:

-Гуноҳи ғуломи ту буд, ки дари тавила боз гузошта буд.

Сипоҳӣ гуфт:

-Ҳама гуноҳи мост, дуздро худ ҳеҷ гуноҳе нест. * * *

Арабе дар бисту ҳафтуми рамазон моҳро дид гудохта ва борик шуда.

Гуфт:

- ...сипос мар Худойро, ки бигудохт ҷисми туро, ҳамчунон ки тиҳӣ сохтӣ шиками маро. * * *

Тавонгаре ҳакимеро гуфт: - Сад динор зар дорам, мехоҳам

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 21
*
* *

Луфти латиф

ба ту диҳам. Маслиҳат чун мебинӣ?

Гуфт:

- Агар бидиҳӣ, туро беҳтар ва агар надиҳӣ, маро беҳтар, яъне агар

бидиҳӣ миннате бар ман дорӣ ва

агар надиҳӣ, аз бори миннати ту халос бошам. * * *

Ҳакиме баъд аз кадхудоӣ

гуфтааст, то мо муҷаррад будем, кадхудоён гунг буданд, яъне моро ба

насиҳат манъ накарданд. Акнун ки

кадхудо шудаем, муҷаррадон кар

гаштаанд, яъне насиҳати мо намешунаванд. * * *

Аз ҳакиме пурсиданд, ки вақти таом хӯрдан кай бошад.

Гуфт:

- Ғаниро, вақте ки гурусна шавад ва фақирро, вақте ки биёбад.

бардоштанд ва пеши ӯ бурданд. Пас ӯро хилъати хос дод ва ба сари мансабаш фиристод.

Мардеро назди халифа оварданд, ки ӯ зиндиқист.

Халифа ӯро пеш талабид ва

гуфт:

- Ба ман расида, ту зиндиқӣ.

Гуфт:

- Ҳошо ва кало, балки марди муъмини муқини намозгузорандаам

ва рӯзадору шабхез ва парҳезгор.

Халифа гуфт:

- Ман туро тозиёна мезанам, то ту ба зиндиқӣ иқрор кунӣ.

Гуфт:

- Аҷаб ҳолат аст! Ҳазрати

Мустафо саллолоҳу алайҳа ва олаҳу ба шамшер мезад, ки ба мусулмонӣ

иқрор кунед ва ту халифаи замонӣ

ва амири муъминонӣ, маро тозиёна мезанӣ, ки кофарӣ иқрор кун.

Халифа бихандид ва ӯро бибахшид.

Рукни Соин фозил ва шоир будааст ва аз қозизодагони Симнон аст ва дар замони давлати Тағой Темурхон тарбият ёфта ва дар

хидмати ӯ мансаби имомат дошта.

Рӯзе аз ӯ тақсире дар хидмат ба вуҷуд омада буд. Хон ӯро дар банд фармуд ва чанд моҳ дар банд бимонд. Вақте фурсат нигоҳ

медошт ва бо банди гарон сари роҳ ба хон гирифт ва ниёз арз кард. Хон гуфт:

- Бадеҳае муносиби ҳол бигӯй, то туро бахшам.

Ӯ филфавр ин рубоӣ бигуфт:

Дар ҳасрати шоҳ чун қавӣ шуд роям, Гуфтам, ки рикобро зи зар фармоям.

Оҳан чу шунид ин ҳадис аз даҳанам, Дар тоб фитоду ҳалқа зад дар поям.

Хон бифармуд, то банд аз пои ӯ

Зарифе бар хони бахиле мурғи бирёнкарда дид.

Гуфт:

- Умри ин мурғ баъд аз кушта шудан дарозтар хоҳад буд аз умре, ки дар ҳаёти худ дошта.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 22
*
* *
*
* *
* * *

Шаҳодат Обидова 24 июли соли 2002 дар деҳаи

Қалъачаи Мазор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи МТМУ №19 буда, алҳол донишҷӯйи ДДХ ба

номи академик Бобоҷон

Ғафуров мебошад. Шеърҳои мазкур аз эҷодиёти ӯянд.

Омӯзгор

Ҳар каломи ту ба ман илму адаб омӯхта, Он дилат аз баҳри ман меҳру тараб омӯхта.

Нур дар чашм, ақл бар сар

аз бароям додаӣ, Ҳарфи ширинро бароям зери лаб омӯхта.

Гар набошӣ эй муаллим

ин ҷаҳон гӯяд видоъ, Мекунӣ аз баҳри моён доимо ҷонро фидо.

Аз дилу ҷон шукр гӯям доимо ман бар Худо, Бар Шаҳодат шеър гуфтанро аҷаб омӯхта.

Доимо хоҳам кунун аз баҳри ту умри дароз, Бошӣ доим, эй муаллим, дар ду олам сарфароз.

Он суханҳоят набуда бечизу беманфиат, Ҳар каломи ту ба ман илму адаб омӯхта.

Забони тоҷикӣ

Забонӣ мо забони ориёнӣ, Забони нузҳату нозукбаёнӣ.

Ҷаҳонеро ба қаъраш ҷо намуда, Ту ҳам бояд, ки қадри он бидонӣ.

Забони мо забони безавол аст, Забони назму насри бемисол аст,

Ба монанде, ки он оби зулол аст, Ту ҳам бояд, ки қадри он бидонӣ.

Замину осмони ман забон аст, Баёни достони ман забон аст,

Ҷаҳони бостони ман забон аст, Ту ҳам бояд, ки қадри он бидонӣ.

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 23 Навқалам

Исфара

Сарзамини дилрабои Тоҷикистон, Исфара, Шаҳри зебо, шаҳри дилкаш

чун гулистон, Исфара.

Руставу бишкуфта гулҳо

дар замини сабзи он, Чун биҳишти сабзу хуррам

ҷону ҷонон, Исфара.

Гарчи дорад ҳусни нотакрор

мисли наварӯс, Хоксорӣ мекунад

дар назди меҳмон, Исфара.

Бингаред бар ҳар тараф,

бар ҳар куҷо монед қадам, Бахшадо хурсандиҳо

баҳри шумоён, Исфара.

Мардумонаш меҳрубону

хушкалому покмеҳр, Дилписанди ҷумла пирону

ҷавонон, Исфара.

Ин Шаҳодат мекунад

шукрона аз шаҳри азиз, Як биҳиште дар замини Тоҷикистон, Исфара.

Ватан

Ҳамеша дар вуҷуди ман Ватан ҳаст, Диёри бостоневу чаман ҳаст.

Хасу хори Ватан бар дидаи ман, Беҳ аз садбаргу райҳону

суман ҳаст.

Азизу ғамгусорам, Тоҷикистон, Умеду ифтихорам, Тоҷикистон!

Барои ман Ватан беҳтар зи ҷон аст, Ҳамеша беҳтарини ин замон аст.

Намегӯям Ватан дилдори ман нест, Чу модар аз бароям

меҳрубон аст

Азизу ғамгусорам, Тоҷикистон, Умеду ифтихорам, Тоҷикистон!

Ватан умедгоҳи тоҷикон аст, Канори он биҳишти ҷовидон аст.

Заминаш кам, вале зархез бошад, Ба қаъри он зару зевар ниҳон аст.

Азизу ғамгусорам, Тоҷикистон, Умеду ифтихорам, Тоҷикистон.

Тоҷикистони азизам

мулки шоён асту бас, Меваҳои шаҳдбораш роҳати ҷон асту бас.

Хоки поки Тоҷикистон

дуру гавҳар аст, лек Ҳар хасу хораш бароям

ёсу райҳон асту бас.

Сарзаминаш хурду лекин баҳри ман бошад ҷаҳон, Аз бароям ин Ватан

мулки Сулаймон асту бас.

Сарвари ин кишвари ҳамчун биҳишт Эмомалӣ, Шукр гӯем, ки Ватанро

ӯ нигаҳбон асту бас.

Рӯдҳои он хурӯшон, кӯҳҳо-боми ҷаҳон, Дар сифоташ мурғи илҳомам ғазалхон асту бас.

Чун бихонад булбули ширинсухан бар гул суруд, Ман бигӯям: Сарвати ман

Тоҷикистон асту бас!

Навқалам ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 24
Тоҷикистон

Мафҳуми парадокс дар адабиёти халқҳои ҷаҳон ба

унвони навъе тасвир, ки аз ду мафҳуми ба

ҳамдигар мутаноқиз эҷод

шудаанд, бар пояи диду

назарҳои мухталиф шарҳу

тавзеҳ ёфтааст. Ҳарчанд дар

мавриди шинохти он

дидгоҳҳои ягонае вуҷуд

надоранд, аммо берун аз

масоили адабиётшиносӣ низ

дар улуми дигар, аз ҷумла

мантиқ низ шарҳу

тафсирҳоеро донишмандон

бар ин мафҳум ба қалам

овардаанд.

Н. РИЗОБОЕВА, омӯзгори калони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

дар шеъри муосири тоҷик

ар адабиётшиносии муосир

нуқтаи назари ягона оид ба пайдоиши парадокс ва вазифаҳое, ки он иҷро мекунад мавҷуд нест.Дарбаробариин,дармавридипосух дарёфтанба“Парадоксчист?”низҷавобу ақидаҳоигуногунибарҳаммуқобилвуҷуд дорад. Аз як тараф дар мантиқ муҳокимаеро,ки тавассутиондухулосаи якдигарро истиснокунанда бармеояд ва исботи ҳардуи онҳо имконпазир мебошад, парадокс меҳисобанд ва онро

ҳамчун мақолҳои маъмул ва суханони

ҳикматнокқабулмекунанд.Нуқтаиназари дигаре вуҷуд дорад, ки мувофиқи он парадоксро ҳамчун як услуб ё санъати

бадеии шакли суханронӣ меҳисобанд, ё

ин ки ҳамчун усули стилистикии шакли гуфторҳисобидамешавад Бархе аз донишмандон пайдоиши парадоксро ба донишмандони Юнони Қадим нисбат медиҳанд, аммо таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти анҷомёфта маълум менамояд, ки диду назарҳои олимону донишмандондаринборафаротаразин замону макон меравад. Ҳарчанд, ҳамчун як навъи санъат дар китоби Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ ба шакли таноқис ё муноқиса омадааст: “Он аст, ки миёни ду калом танофӣ бошад” [12, 192], аммо донишмандони соҳибном Маҳмуди Футӯҳӣдаркитобихеш“Балоғатитасвир”

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 25 Пажӯҳиш
Д
Парадокс ва тасвирҳои парадоксӣ

чунинменависад:«Мусалламанбаолами

ҳиссу мантиқи маъмули зиндагӣ тааллуқ

надорад, дар натиҷа ақл аз идроки он

қосир аст Мукошифоти ирфонӣ ва

таҷрибаҳои жарфи шоирона, қаламрави

равиши муҳолоти ақлӣ ва таноқузҳои

рӯҳӣаст».[11,231].

Ҳамин тавр, дар илми адабиёт зери

маҳфуми тасвирҳои парадоксӣ он чӣ

фаҳмида мешавад, ки бар асоси ду

мафҳумибаҳамзидбунёдёфта,зоҳиран

маънии ба таъбири худи шуаро

“бемаънӣ”-ро ифода мекунад. Ба ин

хотир аст, ки онро тасвирҳои

мутаноқизнамо ҳам гуфтаанд. Устод

Кадканӣ дар китоби “Шоири оинаҳо”

навиштааст,кигӯёинтаъбирроӯсохтааст

ва дар робита ба он чунин менависад:

“Истилоҳе аст, ки ман сохтаам на дар

адабиёти қадими худамон вуҷуд

доштааст (яъне кутуби балоғӣ) ва на дар

адабиёти фарангӣ (то он ҷо ки ман

ҷустуҷў кардаам). Манзур аз тасвирҳои парадоксӣтасвиреаст,кидурўитаркиби

он ба лиҳози мафҳум якдигарро нақз

мекунанд,мисли“салтанатифақр”[4,54].

Маҳмуди Футӯҳӣ дар асари мазкури хеш “Балоғати тасвир” асли пайдоиши ин навъ тасовирро ба бисту

панҷ қарн пеш ба гуфтаҳои орифи

қадимаи чинӣ Лоутса мепайвандад, ки фармуда:

“Зотивоқеъгўитиҳӣаст, Сапедибузургпиндорисиёҳаст.

Марабаибузургбегўшааст, Мусиқиибузургбеовост.

Суратибузургбесурат аст”.

Тасаввури “сафеди сиёҳ”, “марабаи бегўша”, “оҳанги бесадо” ва “сурати

бесурат” барои зеҳнҳои маъмулӣ, амри содае нест. Ин сухани пуртаноқуз

баёнгари чӣ ҳақиқате аст? Мусалламан

ба олами ҳиссу мантиқ маъмули зиндагӣ

тааллуқ надорад, дар натиҷа ақл аз идрокионқосираст Мукошифотиирфонӣ

ва таҷрибаҳои жарфи шоирона, қаламрави равиши, муҳолоти ақлӣ ва таноқузҳоирўҳӣаст”.[11,231]

Футӯҳӣ ба шарҳи назарии мафҳуми

мазкур аз дидгоҳи мунтақидони Аврупоӣ

ҳам руҷуъ намуда, аз ҷумла назари донишманди англисро Калент Брукс (1906-1994 м.) чунин меоварад. «Ў

породуксро забони рўҳ ва асоси шеър шумурда дар боби породуксҳо шоирони англисӣ монанди Вилём Вадзурс, Ҷон Дон ва дигарон ба тафсил сухан гуфтааст». «Породукс забони сафсата, мағолатаватанзаст.Забонеастдушвору шадидвасахттакондиҳандава дарайни ҳол шўхгин. Пешдоварии мо дар бораи забони одӣ ва одоти забонӣ во медорад, то породуксро бештар амри ақлонӣ ва ҳушёрона бидонем то отифӣ ва онро таъбири бурҳонӣ бидонем на ғайри истидлолӣ… породукс забони рўҳ ва

Пажӯҳиш ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 26

забонишеъраст”. [11,232].

БарасосииндидгоҳҳоФутӯҳӣназари

хешророҷеъбапародоксватасвирҳоеаз

ин қабил ба таври зайл ҷамъбаст

мекунад: «Ба таваҷҷуҳ ба он чи гуфта

омад, породукси шоирона иборат аст, аз

баёни зоҳир мутаноқиз ё маҳмул, аммо

ҳомили ҳақиқате, ки аз роҳи таъвил

метавон ба он даст ёфт Ба дигар сухан, породукс дар адабиёт баёне аст, ки ҳақиқат дорад, аммо ҳақиқӣ ба назар намерасад».[11,232].

Адабиётшинос Нуралӣ Нурзод дар китоби худ, ки яке аз фаслҳояш

“Тасвирҳои парадоксӣ дар ғазалиёти Бедил” номгузорӣ шудааст, чунин менависад, ки “Аммо бар ин назари Футӯҳӣ

наметавон мувофиқ шуд, ки қадимтарин намунаи пародокс дар адабиёти форсӣ ин намунае аз шеъри Саноӣаст,ки ӯоварда:

Ишқгўянданиҳонисуханаст, Ишқпўшидабараҳнаитанаст”.

[6, 249]

Зеро тааммул ба сурудаҳои устод Рӯдакӣ ин амрро собит месозад, ки нахустиннамунаитаъбирваҳамтасвири пародоксӣдаркаломиустодишоирондар таркиби таъбири “ҳаловати захм” ба чашммерасад:

Бахокхуфтаитириту

аз ҳаловати захм, Забонбаровараду

захмро даҳон лесад. [6, 249]

Озоди Балгиромӣ низ парадоксро санъати “вифоқ” номида, дар шарҳи он овардааст:“Иборатазин,кидузидбаҳам мувофиқат кунанд ва яке бар дигаре содиқояд”.[2,73].

Муаллиф ин санъатро дар баробари тибоқ таъкид медорад: “тибоқ назди машоихи бадеъ он аст, ки зикр карда шавад ду зид дар калом ва сидқи аҳадуззидайн бар дигаре дар он малҳуз нест”. Шигифтовар он аст, ки якчанд бор “Содиқ омадани яке аз зиддайн бар дигаре”-ротаъкидкардааст: Чораинохушии вазъи ҷаҳон бехабарист, Ӯстбедор,кидархобигарон

аст ин ҷо. [2, 73]

Дар ҷараёни таҳаввули адабиёти ирфонии форсу тоҷик парадокс дар шеъри сўфиёна на танҳо усули баёни образнок,китавассутионшоирисӯфӣба хонанда таъсири ахлоқӣ мерасонад, балки яке аз вежагиҳои ҷаҳоншиносии сӯфиёна ва шеваи ба вуҷуд овардани вожагон ва таъбироти хос мубаддал гардид. Дар ин ҳол ба шоири сӯфӣ

имкониятфароҳаммеояд,токиқаноатва ҳиссиёти олии хешро дар назди азамати Офаридгор ба василаи ҳамин баёноти парадоксӣтафсирнамояд,ки баинҳолат мушарраф гардидан тавассути ақли муқаррарии инсонӣ ғайриимкон мебошад.Азинрў,ҳангомиэҷодивожаву таъбирҳои нав, агар онҳо моҳият ва мундариҷаифаросўиматлабромуҷассам насозанд, он гоҳ тазод ва парадоксҳо ба кумаки шоирон мерасанд Агар дар фаҳмиши имрўз таъбирҳои парадоксӣ ба назар гўё матолиби берун аз доираи мантиқвадураззеҳндонисташаванд,он гоҳ дар адабиёти тасаввуф онҳо ба доираитасаввуротвафаҳмишҳотаъсире нагузошта, аз ҳадди донишҳои муқаррарии инсонӣ то андозае берун

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 27 Пажӯҳиш

мераванд Аз ин рў, гуфторҳои

парадоксиишоиронисӯфӣҳаргизқобили

эътирозидигароннамебошанд.

Дар адабиёти муосири тоҷик низ

шеваҳои сохтмони тасвирҳои парадоксӣ

бо беҳтарин ваҷҳ идома ёфтааст

Хосатан, дар шеъри даврони

соҳибистиқлолии Тоҷикистон нуфузи

тасвирҳои парадоксӣ ба сурати ҷолиб ва

ба унвони яке аз падидаҳои нодири

ҳунарӣбаҷилваомадааст.

Мусалламаст,китаҳаввулотиҳунарӣ

дар адабиёти муосири тоҷик ба солҳои

60-80-уми асри бистум пайванд мегирад,

кидаринмиённомиустодонибузургечун

Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор

Собир ва Гулрухсор ҳамчун суханварони

мубтакири ин давра барои таъйини

тамоюлҳои ҳунарии шеъри имрўз ба забон гирифта мешавад Албатта, вежагиҳои дигари муҳимми ҳунарии ин суханварон дар таҳқиқоти мунаққидони барҷастаи адабиёти имрўз, чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худоӣ Шарифзода, Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнонов, Абдунабӣ Сатторзода, АбдухолиқНабавӣ,РустамВаҳҳобзодава дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин мақола асосан ҷойгоҳи тасвирҳои парадоксӣ дар сурудаҳои намояндагони шеъри муосир бариштаитаҳқиқкашидахоҳадшуд.

Тавре таъкид гардид ва аз таърихи парадокс ҳам бармеояд, ин навъ тасвирҳо дар заминаи канори ҳам

гузоштани ду мафҳуми мутазод, ки зоҳиран маънии бемаъниро эҷод мекунанд, ба вуҷуд меоянд. Дар шеъри муосир устод Лоиқро ҳамчун шоири

соҳибибтикор ва инқилобӣ эътироф

намудаанд. Бегумон нуфузи ин навъ тасвирҳо низ дар шеъри устод ба мушоҳидамерасад.Азҷумла,дарғазале мефармояд:

Садбаҳррогузаштаму

дар соҳилам ҳанўз, Садбоғмевачидаму

беҳосилам ҳанўз. [13, 342].

Ба мушоҳида мерасад, ки зоҳиран садбаҳррогузаштавударсоҳилбудангўё маъниеро соҳиб нест, аммо тааммуқ дар ғаври маънои ин байти устод матлаберо

рўшан мекунад, ки манзур бо ҳама талошу кўшишҳо то ҳанўз ба ҷое нарасиданро шоир тавассути ду тасвири парадоксӣ,яънесадбаҳррогузаштавуба соҳил нарасидан ва сад боғ мева чидаву беҳосилбуданбаённамудааст.

Дар шеъри Бозор Собир низ ҷойгоҳи тасвирҳои парадоксӣ ба таври барҷаста

намоёнаст,зероасланмуҳаққиқонхуд ин шоиритавоноитоҷикроҳамчунсуханвари тасвирсоз ва тасвиргаро шинохтаанд.

Дар шеъри “Қасам ба ҳар ду дидаам”

шоир аз ҳар роҳе шева дар бунёди тасвирҳои зебои парадоксӣ иқдом намудааст:

Якетуқаҳриимануяктубоман оштӣ, Мароякетузиндакардивуякету куштӣ.

Пажӯҳиш ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 28

Якебабўсадарлабам

ҳазор лола киштӣ, Якемаротуазбиҳиштиишқихуд биҳиштӣ... [7, 10]

Инҷомушоҳидамешавад,кизимнан

дар ҳамаи ин мисраъҳои шеъри шоир

тасвирҳои парадоксӣ зуҳур кардаанд. Аз

ҷумла, шоир вақте баён медорад, ки яке

тубаманқаҳривуякеоштӣҳастивуякету

маро куштаву яке зинда кардӣ, ин тасвир

ҳамон ҳолати ошиқонаест, ки дар айёми

фарозу фуруди ишқ ба ҷилва меояд.

Аммо зоҳиран дар як вақт иттифоқ

афтоданиинтадбирҳоғайрииконаст,чун

яке як нафар наметавонад, ҳар ду

ҳолатро иҷро кунад Танҳо баёни

парадоксӣдаршеъраст,киметавонадин

ҳолуҳаворотасвирнамояд.

Дар нуқтаи ҷамъбастии шеър ҳам

чунин баёни парадоксӣ ба таври

барҷаставушевобаҷилваомадааст:

Наазтуамшикояту

на аз ту ҳеҷ хашм, Киманмуҳаббатитуро

чашидаам ба оби чашм.

Қасамбаҳардудидам, Киғайритунадидаам.[7,10]

Нахуст шоир тасвире шоирона дар қолиби чашидани муҳаббат ба оби чашмро офаридааст, ки баробари ҷой

доштани тасвири парадоксӣ дар он ҷилваи зебои ҳиссомӣ дар он дида мешавад. Ба оби чашм чашидан худ тасвире парадоксӣ аст, зеро чашидан унсури ҳисси зоиқа аст ва оби чашм маҳсулибосира.Дарҳаминасосомезиши ин ду ҳисси инсонӣ омил ба эҷоди ҳам парадокс ва ҳам ҳиссомезӣ шудааст Ин кишоирқасамбаҳардудидамехўрад,ки ғайри ту надидаам мегўяд, баёне парадоксӣ аст, чун дар зоҳир дида метавонад ҳама чизро бинад, аммо чун манзуришоирдидаибасиратаст,китанҳо маъшуқро мебинад, баёни парадоксиро такмилдодааст.

Устод Гулназар низ дар идомаи ин суннатинаҷибиҳунарӣдарпайиустодони шеъри имрўз қадамҳои мустаҳкам ва устуворгузоштаанд: Дардилизангўлаиман нолаҳое хуфтааст, Дарғамибегонаиман ошное хуфтааст. Дарпарешониимаҳзуни

насими ёвагард, “Шашмақом”-ебонавои бенавое хуфтааст… Додгоҳеғайрихуд

ҷое намедонам, зи бас Зеридардибедавоиман давое хуфтааст. [3, 302].

Ифодаҳои “ғами бегонаи ошно”, “навои бенаво” ва “давои дарди бедаво” таноқузҳое вуҷуд доранд, ки дар ҳамбастӣ бо саноеи дигар ин ғазалро муассиру абёти алоҳидаи онро нотакрор кардааст Бамушоҳидамерасад,киустод Гулназар дар миёни шуарои муосири тоҷик аз ҳама бештар бо ифодаҳои

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 29
Пажӯҳиш

парадоксӣ сарукор гирифтааст Дар ин

ҷода тааққулу тахайюли шоиронаро ба

ҳамоштӣдодааст Масалан,даринбайти

зебои як шеъри озод: Оғӯшам аз ҳаваси

холигӣ саршор аст, Хонаам танҳоист [3, 35]. “Аз ҳаваси холигӣ саршор будани

оғўш”парадоксимустақилест,китаноқузи

“хонаи танҳоӣ” онро мукаммалтар

мекунад.Ингунабайтҳоизеборобанаср

баргардонданкўшишибеҳудааст.

Устод Доро Наҷот, ки аз

бунёдгузорони шеъри сапеди тоҷик

эътирофгардидаанд,дарқолибииннавъ

ашъор таҷрибаҳои нодире анҷом

додаанд, ки баёноти парадоксӣ дар

таркиби онҳо барои нуфузи ҳар чӣ

бештари мақоми ҳунарии сурудаҳояшон

нақши муассир гузоштаанд. Дар китоби

«Гулҷўшаҳо», ки бахшида ба 70-солагии

шоир ба нашр расидааст, шеъре ба унвони «Тулуъе дар ғуруб» ҷой дорад ва

якеазмаҷмўаҳоишоирҳамҳаминномро

гирифтааст. Дар навбати аввал таваҷҷуҳ

ба номи ин шеър худ як таъбире дорои

тасвири парадоксӣ аст, зеро зоҳиран тулуъ ва ғуруб ду мафҳуми мутазоданд.

Мутолеаи шеър ҳақиқати андешаҳои

дурпарвоз ва ҷилваи назокати тасвирҳои парадоксиионроошкормеосозад: Тулуъедарғурубиман, Шукуфоиинасриндораду

атри ақоқиё

Кидарғарқобичашмонам

фурўрафтагулу

гулхонаи хуршед.

Дигардарман,ки гармии вуҷудамро

баахтарҳоисармохўрда

бахшидам… [5, 48]

Дар ин ҷо “бахшидани гармии вуҷуд ба ахтарҳои сармохўрда” низ навъе ҳузурипарадоксромушоҳидаменамоем. Дар адабиёти даврони истиқлоли тоҷик мақоми Фарзона ба унвони шоири соҳибибтикор ва навовар ба таври шоиста эътироф шудааст. Тозакориҳои ў

дар таҷассуми чандин вежагиҳои ҳунарӣ баҷилваомадаанд,киякеазонҳонуфузи ҳамин анвои тасвирҳои парадоксӣ

мебошад:

Азтубегонатаренест, азтупайвандтаренест, Ҳамараҳрафтамудидам,ки

ту ҳастӣ дигаре нест… [10, 272]

Ду мисраи аввал, ки тавассути таркибҳои “аз ту бегонатар” ва “аз ту пайвандтар” сохта шудаанд, ҷилваи баёни парадоксӣ ба мушоҳида мерасад, зеродаряквақтпайвандвабегонабудан, ба зоҳир канори ҳам омадани мафоҳими

мутазодронишонмедиҳад.

Дарбайтиаввалиғазализериншоир аз меҳрмоҳ атса задани урдибиҳиштро

ифода мекунад, ки баёни равшани парадоксӣ аст, чун меҳрмоҳ моҳе аз тирамоҳ аст ва урдибиҳишт аз баҳор.

Шоир таъкид карданист, ки баҳоре дар фаслихазонэҷодшуд,кинигоҳимароба зиндагӣивазнамуд:

Урдибиҳиштатсазад

аз меҳрмоҳи ман, Барзиндагӣтамомивазшуд нигоҳи ман. [10, 272]

Аз шоирони дигари навовари тоҷик, китаҷрибаҳоеҳамдаршеърисуннатӣва ҳам нав анҷом додааст, Суруш мебошад.

Суруш ҳам китобе таҳти унвони «Фарёди

ёдҳо» дорад, ки мурур ба унвони он

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 30
Пажӯҳиш

ҷилваи тасвире парадоксро бозгўӣ

мекунад. Зеро ёдҳо дар асл як унсури

номаҳсус аст ва вақте фарёд ба он

пайванд меёбад, як тасвире парадоксӣ

эҷодмегардад.Руҷуъбашеъре,кидарин

маҷмуа ҳамин унвонро дорад, маълум

месозад, ки дар таркиби шеър таркибҳои

баёнгари тасвирҳои парадоксӣ

фаровонанд:

Ҳанўзоҳебаёдатмекашам-

оҳе,кимаънояш

“Туро ман ёд кардам боз…”

вафарёде,киазбунёди

ёде мешавад оғоз. [8, 12]

Оҳе, ки маънояш “Туро ман ёд

кардамбоз”вафарёде,кибунёдашазёд оғоз мешавад, зимнан ҳамон ҷилваи

тасвирҳои парадоксиро шарҳу тафсир

мекунад.

Дар ғазали дигаре, ки дар ин маҷмуа

бономи“Розиофариниш” унвондорад:

Заминлабташнаи

лутфи само буд, ЗишабнамобиСайҳун

офариданд. [8,4]

Маълум аст, ки шабнам ва Сайҳун

зоҳирандумафҳумимутаноқизанд,аммо дар асл ҳамон дарё маҷмуи ваҳдати

қатраҳост Таҷассуми тасвири парадоксӣ

дарҳамин нуктануҳуфтааст

Дигар аз шоироне, ки чунин

таҷрибаҳоро дар ашъори хеш муваффақона ба кор гирифтааст, Нарзуллои Азизиён мебошад. Ин шоири тозаҷӯ дар баробари истифода аз таҷрибаҳои дигари ҳунарӣ шеваҳои

мухталифи корбасти тасвири парадоксиро эҷод намудааст Дар байти зер таъбири “бесару бепо давидан” ифодаипарадоксист:

Ҳамонпаррандаам,к-азсардӣ

сар то пой меларзад, Азинбесарпаноҳӣ

бесару бепо гурезонам. [1,74].

Таъбири “пайи сатри равон норавон гаштан” дар байти дигари ин шоир ҳамон талошукӯшишҳоибаёнитозагуфтаниӯро

ҷилвагармесозад.Шоиртаъкиддорад,ки бароикамолотиҳунариихешваэҷодиду сатри равон дар кӯчаи хаёл норавон ҳастам Сатри равон ва норавон баробари таноқузе доштан ҳамчун як

ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 31
Пажӯҳиш

навъ таҷнис ё тазод ҳам ҳастанд, ки

ҷилваи парадоксро дар заминаи

истифодаииндусанъатидигармуҷассам

месозанд:

Даркӯчаихаёлбаандешаикамол, Гардампаидусатриравон норавон ҳанӯз. [1,78].

Таҳқиқ дар ҷойгоҳи тасвирҳои

парадоксӣ дар ашъори Гулноз ва нуфузи

хосаионбаёнгариинматлабаст,ки гоҳо

шеваҳои шоиронаи таҷрибаи ҳунарӣ дар

ин навъ ашъор ба ҳаддест, ки шоир дар

қолибиякшеърбасохтмоничандиназин

навъ тасвирҳо иқдом намудааст Барои

субути ин назар шеъри “Дастам пур аз

туст” руҷуъ мекунем. Дар навбати аввал

номишеърхудтасвирепарадоксист,зеро

амалан дасти инсон наметавонад пур аз

инсон бошад, чун воқеиятпазир нест Вале ҳангоме, ки инсонҳо ҳамдигарро ба

оғӯшмегиранд,ҳаминҳолатрометавонад

ин таркиб ифода кунад, зеро дар

фарҳанги мардумӣ таъбире “оғӯш пур

шудан” ҳаст, ки метавонад ҳамин таркиб

барои тафсири он мувофиқи матлаб

бошад: Ҷонам

пуразтирамоҳаст, дастампуразинтизорӣ. [9,39]

Ин ҷо таркибҳои “ҷонам пур аз

тирамоҳ” ва “дастам пур аз интизорӣ”

зимнан тасвирҳои парадоксӣ мебошад, зеро ба зоҳир як вусъати фасли солро

ҷони як инсон наметавонад ғунҷоиш

диҳад. Манзури шоир дар асл ифодаи

нуфузи ҳузн дар вуҷуди хеш бошад ва ин

ҷо таркиби дастам пур аз интизорӣ низ

ҳамин гунаи таваҷҷуҳи тасвири парадоксиро моба мушоҳидамегирем.

Дар идомаи шеър фалсафаи

гузаштани умри инсон дар сурати мушоҳидаиэҳтиромибаҳордармасоҳати парвози барг ва хокистари як шуъла шақоиқ таҷассуммеёбад.Манзуриаслии шоир он аст, ки тамоми шукӯҳу нусрати баҳор дар парвози ранг ва хокистари як шуъла шақоиқ ифода меёбад, яъне парвози барг намоди тирамоҳ аст ва ҳосили сухани шоир он аст, ки ҳама чиз бебақост дар олам ва ин назокату наҷобатибаҳоррӯзебопарвозибаргдар тирамоҳ интиҳо меёбад. Дар таркиби “як шуълашақоиқ”низмотаҷассумитасвире парадоксиро ба мушоҳида мегирем, танҳо сурхии вуҷуди вай, ки тамоми шукӯҳашмуҷассамдаронаст,метавонад рӯзе завол ёбад. Ин хокистари шуълаи

шақоиқҳамонозаволванестиирангиӯст, кибагузаштаниумришоратмекунад:

Эҳтиромибаҳорро

дармасоҳатипарвозибарг

вахокистари якшуълашақоиқ

дидам.[9,39]

Дар маҷмуъ, баҳсу баррасии масъалаи ҷойгоҳи тасвирҳои парадоксӣ

дар шеъри муосири тоҷик баёнгари он аст, ки шоирони имрўзи тоҷик барои тақвияти ҷанбаҳои ҳунарии ашъори хеш суннатҳои хоси баёни тасвирҳои парадоксиро идома додаанд. Баробари ин, дар қолиби анвои шеърии суннатӣ ва нав таҷрибаҳои нодире дар офариниши

тасвирҳои парадоксӣ ба сомон расонидаанд,кибоисбатаҳаввулиасоси ҳунарииашъориэшонгардидааст

Пажӯҳиш ГАНҶИИСФАРА| № 2(63)|2023 32

Зарбулмасал ва мақолҳо

Аз оби ором, саги ором ва душмани ором битарс.

Бачашмиошиқҳаттоғозфариштаметобад.

Корибошитобнатиҷаихубнамедиҳад.

Дархонаниминонбеҳазнонипуррадарғарибӣ.

Ҷавкоридӣ,умедигандуммакун.

Мурдаиякпаланг–туйиҳазоррӯбоҳ.

Харҳарчанддавандбошамдҳам,аспшуданаметавонад.

Камбағалӣнамекушад,аммохурсандшавӣҳамнамегузорад.

Ҳарғизоикамхушмаззааст. ***

Кӯҳусангҳорободвайронмекунад,одамиросухан.

Ба хонае, ки дар он механданд, бахт меояд. * * *

Обкашбакафгиргуфт:ҳафттосӯрохдорӣ. * * *

Обуравғанбаҳамнаёмезад. * * *

Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ. * * *

Маслиҳати хуб дершавӣ надорад.

* * *

Рӯзе як себ хӯрдан беҳ аз дидори табиб.

* * *

Зебоӣ қудрат аст ва табассум шам шери он.

* * *

Аз дуздӣ дида гадоӣ беҳ, аммо аз гадоӣ дида меҳнат кардан авлотар.

* * *

Гадо ҳеҷ гоҳ муфлис намешавад.

* * *

Сарватмандӣ аз пулҳои хурд сар мешавад.

* * *

Наҳанг хурсанд мешавад, агар ҳама чизи олам зери об монад.

* * *
* * *
* * *
* * *
* * *
* * *
***
***
* *
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.