Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 18 (9480) *** Панҷшанбе, 1. 06. 2023
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд 24 майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизилбел»-и Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид.
Д
ар мулоқот ҳамчунин роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо - раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев зимни мулоқот аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ёдовар гашта, натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории муштаракро мусбӣ арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки то кунун тамоми масъалаҳои марбут ба сарҳад саривақт аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳал гардида, оини неки ҳамсоядорӣ риоя карда мешавад. Зеро халқи тоҷик ва қирғиз давоми асрҳо паҳлуи ҳам зиндагонӣ намудаву урфу одат ва анъанаҳои миллии ду ҷониб таърихи қадима дорад. Дар рафти мулоқот аз муносиботи ҳасана ва дӯстонаи ду миллат ёдовар гардида, бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид. Инчунин фаъолияти бонизом ва ҳамҷояи мақомоти қудратии ду тараф, пешгирии ҳамагуна ҳолатҳое, ки ба нофаҳмӣ оварда мерасонад, чун пештара ба роҳ мондани муносиботи дӯстонаи сокинони марзӣ, бартарафсозии мушкилоти ба миёномада бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа ба манфиати кор дониста шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ фаъолияти гурӯҳи кории муштарак дар тамоми зинаҳо дар сатҳи баланд идома карда, ҳамаи масъалаву муаммои пешоянда сари вақт аз тарафи намояндагони ду ҷониб ҳал гардида, сокинони ду кишвар дар фазои сулҳу субот ва эҳтироми якдигар умр ба сар мебаранд.
Дар Кохи фарҳанги шаҳр бахшида ба 29солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳе баргузор гардид.
Сипари боэътимоди Ватан
Р
аиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода иштирокдорони тантана, сарбозону афсарони қисмҳои низомии мустақар дар Исфара ва кулли сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи сарҳадчиён самимона табрик карда, аз нақши пурарзиши марзбонон дар ҳифзи сулҳу субот, рӯзгори осудаву меҳнати созандаи мардуми кишвар ёдовар гашт. Қайд карда шуд, ки дар сатҳи шоиста ва бошукуҳ ташкил ва баргузор намудани Рӯзи сарҳадчиён худ аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақоми баланди сарҳадбонон дар ҷомеаи навини мо ба хубӣ бозгӯӣ мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон зикр намуданд: «Дар таърихи давлатдории аҳли башар яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад». Сарҳади давлатӣ воқеан ҳам нишонаи аввалини мустақилияти давлат ва тамомияти арзии он ба шумор рафта, сарҳадбонон сипари асосии хатти сарҳади давлатӣ
ва муҳофизони дарвозаҳои кишвар маҳсуб меёбанд. Бо гузашти наздик 30 сол аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат, қаноатмандона метавон гуфт, ки ин давра барҳақ марҳилаи ташаккулёбӣ, бавуҷудории заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва моддию техникии сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад. - Бо итминон метавон гуфт, ки марзбонони Ватан минбаъд низ бо хизмати садоқатмандонаи худ дар ҷодаи татбиқи нишондодҳои Сарвари давлатамон ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он ва таъмини осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар хоҳанд кард, - илова намуд раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода. Дар рафти ҷамъомад як қатор афсарону сарбозон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд. Дар охир барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. *** Дар доираи таҷлили Рӯзи сарҳадбонон раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул аз қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии мустақар дар шаҳри Исфара дидан карда, дар маросими савгандёдкунии наваскарон ширкат намуд. Зимни суханронӣ шаҳрдори Исфара таъкид дошт, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ниҳоят ҳассос ва мушкили таърихи кишварамон, яъне дар замоне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, таъсис дода шуданд.
Баҳодурзода, - аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, сарсупурдагӣ, созандагиву бунёдкориро аз касбу ҳунар, сатҳи таъмини мактаби ватандӯстонаи Пешвои мутахассисони ҷавон бо ҷойи маҳбуби кишвар омӯзем ва дар кор, боло бурдани ҳисси азми ободонии Ватан, эъмори худогоҳиву меҳанпарастӣ, адои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарзи фарзандӣ дар сафҳои ва фароҳамории шароити Қувваҳои Мусаллаҳ ва тадбирҳо зиндагии шоиста ба ҳар инсон ҷиҳати пешгирии шомилшавии дар Тоҷикистон устувор бошем. ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои Ба ҳар кӯшиши ноором сохтани номатлубро ба риштаи вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таҳлил кашида, баҳри рафъи бадномкунии давлату миллат камбудиҳои ҷойдошта дастуру ва паҳн намудани ақоиди ба фарҳанги миллати тоҷик бегона супоришҳои мушаххас дод. ҷавоби сазовор диҳем. Инчунин дар назди аъзои Дар раванди ҷаласа ба ҳайати Шӯро вазифагузорӣ намуд, Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон ки дар пешорӯйи рухдодҳои тағйирот ворид карда шуд. зудтағйирёбандаи ҷаҳони Дар вазъияти тантанавӣ муосир зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд ва аз манфиатҳои як зумра ҷавонони фаъолу давлату миллати хеш фаъолона лаёқатманд бо Сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва дифоъ намояннд. - Мову шуморо зарур аст, стипендияҳои раиси шаҳр ки, - таъкид кард Баҳоваддин сарфароз гардонида шуданд.
Баҳоваддин Баҳодурзода: Ҷавонон бояд пешоҳанги амалҳои созанда бошанд! Таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонони назди раиси шаҳр баргузор гардид.
масъалаҳои роҳандозии сиёсати давлатӣ оид ба маориф ва ҷавонон, силсилаиқдомоти Сарвари давлат баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ва имтиёзоти давлатии ба дастгирии мутахассисони ҷавон нигаронидашуда, моҳияти ар ҷаласа аъзои Шӯрои омӯзиши илму техникаи муосир маҳаллии кор бо ҷавонон, ва корбурди технологияҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории инноватсионӣ ва амсоли ин марбутаи Мақомоти иҷроияи дахл кард. маҳалии ҳокимияти давлатӣ, Чанде аз ширкатдорон муассисаву ташкилотҳо, вобаста ба фаъолияти кори ҷавонони фаъол, гирандагони Шӯро ва дастоварду камбудиҳои стипендияҳо ва намояндагони ҷойдошта андешаҳои худро васоити ахбори умум ҳузур баён доштанд. доштанд. Раиси шаҳр Баҳоваддин Муовини раиси шаҳр Баҳодурзода дар асоси Суруриддин Зиёваддинзода таҳлили фаъолияти сохторҳои вобаста ба фаъолияти марбута вазъи феълии таҳсилу Шӯро маълумот дода, ба донишандӯзӣ, омӯзиши
Д
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ки дар кишвар, хусусан солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ вуҷуд доштанд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани шароити инфрасохторӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Ҳоло бо гузашти наздик ба 30 сол Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд. Пас аз ба анҷом расидани маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарон, афсарону сарбозони далеру шуҷоъ бо медалҳои ҷашнӣ, сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба қисми ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ таҷҳизоти техникӣ ҳадя гардид. Дар ин рӯз ба қисми низомии марзбонон ҳамчунин "Корвони модарон" бо дастовезҳои идона ташриф овард. Суҳбати гарми модарони шомили корвон бо ҳайати шахсии қисми низомӣ сари дастархони пур аз нозу неъмат ва дар ҳавои барномаи фарҳангӣ идома ёфт.
2
"Насими ИСФАРА"
1 июни соли 2023
№ 18 (9480)
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Исфара Дар шаҳри Исфара Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид.
Н
ахуст, садҳо нафар ҷавонони худогоҳу созандаи шаҳру деҳоти Исфара бо шиорҳои ватандӯстонаву парчамҳои давлатӣ дар хиёбони марказии шаҳр раҳпаймоӣ намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара беш аз 90 ҳазор ҷавонони то 30 сола зиндагӣ ба сар мебаранд, ки дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт нақши назаррас доранд. Дар чорабинии идона, ки дар майдони Парчами давлатӣ доир шуд, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баргузории ин маҳфили бошукуҳро ба кулли ҷавонони Исфарамарз самимона муборакбод гуфта, дар сатҳи баланди ҷамъиятиву
сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд. Имрӯзҳо воқеан ҳам ҷавонон тавассути фаъолияти пурсамар дар кулли соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар болоравии иқтидори Ватани маҳбуб ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд. Роҳбари давлат, Ӽукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳр ҷиҳати таъмини ҳамқадамии бештари ҷавонони кишвар бо ҷавонони ҷаҳони мутараққӣ чораву тадбирҳои зиёд меандешанд. Фароҳам овардани шароитҳои созгор барои азхудсозии илмҳои замона дар муассисаҳои таълимӣ, бунёди марказҳои имкониятҳои иқтисодиву омӯзиши технологияи муосир, ҷалби ҷавонон ба мақомҳои
5 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Beat Plastic Pollution - Ҷанг бар зидди ифлосшавӣ аз пластик Санаи 5 июни соли 2023 50-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ки соли 1972 аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ эълон шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Таи панҷ даҳсолаи охир ин рӯз ба яке аз платформаҳои азими таблиғи ақидаҳои экологӣ мубаддал гаштааст. Даҳҳо миллион одамон дар чорабинӣ, аксияву вохӯриҳои маҷозиву аслии он дар тамоми ҷаҳон ширкат меварзанд. Офат дар шакли ифлосшавӣ аз пластик – ин хатари баръалост, ки тамоми халқҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, – мегӯяд вазири муҳити зист ва рушди устувори Кот-д'Ивуар Жан-Люк Асси. – Ҳамчун ташкилотчии чорабинӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар соли 2023, мо тамоми ҷонибҳо, аз ҳукумат то ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкоронро ба муттаҳидӣ дар ҷустуҷӯи ҳалли муаммо даъват менамоем. Соли 2014 кишвари Кот-д'Ивуар истифодаи халтаҳои пластикиро манъ карда, гузариш ба борҷомаи бисёркаратаро дастгирӣ намуд. Ба ғайр аз ин, шаҳри
калонтарини мамлакат - Обидҷон марказ барои нафароне гардид, ки бо ифлосшавии муҳити зист аз пластик мубориза мебаранд. Ҳамасола, дар тамоми олам беш аз 400 миллион тонна пластик, истеҳсол карда мешавад ва нисфи он барои истифодаи яккарата пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҳангом на кам аз 10 фоизи он аз нав коркард карда мешавад. Тибқи баҳододҳо ҳамасола ба кӯлу дарё ва баҳрҳо 19-23 миллион тонна пластик партофта мешавад. Микроҳиссачаҳои пластик – майдатарин ҳиссачаҳои пластикии қутраш то 5 мм ба ғизо, обу ҳаво меафтанд. Пластикаи яккаратаи сӯхташуда ва ё партофта ба саломатии инсон, ба гуногунии биологӣ зарар дошта, аз қуллаи кӯҳ то қаъри уқёнусро ифлос менамояд. Бо назардошти натиҷаҳои мавҷудаи тадқиқоти илмӣ ва усулҳои ҳалли муаммо, ҳукумат, ширкату дигар ҷонибҳои ҳавасманд бояд фаъолияташонро пурзӯр намуда, амалиётро барои бартарафсозии ин бӯҳрон тезонанд. Ин муҳиммияти Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро дар
Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо, Имрӯзи ман ба номи фардо пур аз ҷавонист.
роҳбарикунандаву ба курсҳои омӯзиши касбҳои дар бозори меҳнат талаботи бештар дошта аз қабили онҳост. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон, барои ба роҳ мондани ташаббусҳои нав ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ибтикороти созандаи ҷавонон ҳамеша дастгирӣ меёбад. Ҳамзамон, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки саршори меҳру муҳаббат ба Меҳани маҳбуб, шукронаи фазои осудаву ором, раванди маъракаи азими бунёдкориву созандагӣ дар кишвар ва саодати айёми зебои ҷавонӣ буд.
барангехтани ҳаракати тағйирдиҳанда дар тамоми гӯшаву канори олам нишон медиҳад. Соли равон чорабиниҳоро дар чаҳорчӯбаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Нидерланд дастгирӣ менамояд. Нидерланд уҳдадории глобалии «Иқтисодиёти нави пластмас»- ро имзо намуда, узви «харифии глобалӣ дар мубориза бо ифлосшавӣ аз пластик ва партовҳои баҳрӣ» мебошад. Ғайр аз ин кишвари мазкур иштирокчии Иттиҳоди сатҳи баланд барои қабули ҳуҷҷати юридикии байналмилалии уҳдадорсозандаи пурқуввати бемайлон оид ба мубориза бар зидди ифлосшавӣ аз пластик мебошад. -Ифлосшавӣ аз пластик ва таъсири харобиовари он ба саломатӣ, иқтисодиёт ва муҳити зистро инкор кардан мумкин нест. Хавфи мазкур амалиёти ногузирро тақозо дорад. Ҳамзамон, барои мо ҳалли воқеӣ, самаранок ва умедбахш зарур аст, – гуфт вазири муҳити зисти Нидерланд Вивианн Хейнен. Эъломияи имрӯза бар асари қабули резолютсияи соли 2022 қабулнамудаи Ассамблеяи генералии СММ оид ба муҳити зист дар бораи коркарди юридикии ҳуҷҷати ҳатмӣ барои ҳалли муаммоҳои ифлосшавӣ аз пластик, аз ҷумла дар муҳити баҳрҳо, бо ҳадафи хотима бахшидани гуфтугӯҳо то охири соли 2024 рӯикор омадааст. Нишасти нахустини кумитаи Байниҳукуматии гуфтушунидҳо (МКП 1) моҳи декабр дар Уругвай доир гашта буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуввум соли 2023 дар шаҳри Париж баргузор гардад. Дастур бояд ба муносибати мукаммали фарогирандаи гардиши пурраи пластик асоснок карда шавад. -Барои ҳалли пурраи муаммоҳои ифлосшавӣ аз пластик имконияти мухталиф ва ҳамкориро бо кулли ҷонибҳои ҳавасманд истифода бурдан зарур аст, – мегӯяд директори иҷроияи ЮНЕП Ингер Андерсен, – Кот-д'Ивуар ва Нидерланд ба қатори кишварҳое шомиланд, ки аз уҳдаи ҳалли ин масъала баромада, бартарии иқтисодиёти гардишноки истеҳсоли пластмассро пеш гирифтаанд. Таҷлили 50-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – ин лаҳзаест, ки тамоми ҳукуматҳо, ташкилоту корхона, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси алоҳида метавонанд ба ин аксия пайваст гарданд. Н. ҲОМИДОВ, мудири БҲМЗ дар шаҳри Исфара.
Корҳои ободонӣ дар Лаккон Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми созандаю ободкори шаҳру деҳоти Исфара ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат бастаанд.
Д
ар ин раванд сокинони Ҷамоати деҳоти Лаккон низ саҳми арзанда гузошта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд. Аз ҷумла бо ташаббусу иқдомоти созандаи мардум, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша ва саъю кӯшиши сокинони ободкори деҳа таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳаллаҳо бомаром идома дорад. Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо дар баробари соҳибкорону саховатпешагон, ҳар як оила ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд. Бино бар суханони раиси ҷамоат Абдусамад Фозилов то ба имрӯз сокинони Ҷамоати деҳоти Лаккон 5 километр роҳро таъмиру мумфарш намудаанд.
Амалиёти "Бачаҳо" Аз санаи 26-ум май то 5-уми июни соли 2023 дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара амалиёти мақсадноки профилактикии «Бачаҳо» гузаронида шуда истодааст. Мақсади гузаронидани амалиёти мазкур ин баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, ба танзим даровардани интизоми нақлиёт дар байни ронандагон, оиди риояи талаботи қоидаҳои амалкунанда доир ба бехатарии дар роҳ, пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ноболиғон, наврасон, аз ҷумла идора намудани воситаи нақлиёт, велосипед ва дигар нақлиётҳои худгард, гузаштани роҳҳо аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, ҳаракати гурӯҳии онҳо, ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян риоя кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. Бинобар ин, аз падар ва модарон, мураббиён, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, инчунин, сокинон хоҳиш карда мешавад, ки дар давраи баргузории чорабинии мазкур, саҳми арзандаи худро гузоранд.
Амалиёти "Автобус" Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақсаднок аз санаи 25 май то 5 июни соли равон дар ҳудуди хизматии ШВКД-1-и ҶТ дар Исфара амалиёти «Автобус» ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ҳадаф аз баргузории амалиёт ин таъмини шоистаи сиҳатии омма буда, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамъиятҳои мусофирбар, терминалҳо, корхонаю муассисаҳои нақлиётӣ мебошад. Ш. БОБОҶОНЗОДА, нозири калони тарғибу ташвиқи ХРД ШБДА ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара.
3
"Насими ИСФАРА"
1 июни соли 2023
№ 18 (9480)
Ҳусейнбой Ҳакимов, иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ҶСК "Корхонаи кимиёвӣ"-и шаҳри Исфара:
Саҳми корхона дар рушди минтақа калон аст
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чаҳоруми стратегии мамлакатро саноатикунонии босуръат эълон намудаанд. Дар ин радиф соҳаи кимиё яке аз бахшҳои ниҳоят муҳимми иқтисодиёт маънидод гардида, нақши он дар пешрафти тамоми соҳаҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нек арзёбӣ мешавад. Аз ин хотир ҳамасола рӯзи кимиёгарон дар миқёси мамлакат бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад. Дар ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» низ кӯшиш ба харҷ доданд, то иди касбии худро бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол бигиранд. ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» барҳақ, яке аз корхонаҳои муҳимми саноатии кишвар маҳсуб ёфта, ҳайати муҳандисию техникии он баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои стратегиву созандаи роҳбарияти мамлакат, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди бемайлони ҷомеа тавассути пешбурди соҳаи саноати кимиё ва беҳдошти сатҳи некуаҳволии халқ дар доираи имконоти худ пайваста корбарию мусоидат менамояд. Корхонаи мо дорои таърихи пуршарафу тӯлонӣ буда, ҳанӯз соли 1958 арзӣ ҳастӣ кардаву маҳсулоти аввалини он соли 1964 бароварда шудааст. Тавлиди чунин як корхонаи азим боис гардид, ки дар қисми ғарбии шаҳри Исфара шаҳраки ободу зебои Навобод бо фарогирии тамоми инфрасохтори замонавӣ бунёд шавад. Дар давоми беш аз панҷоҳ соли фаъолияти корхона аз коргарони одӣ то мутахассисони варзидаи соҳа зина ба зина сабзида, то вазифаҳои баланди сатҳи
вазорату кумитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаву дар пешрафти соҳа, ғанӣ гардонидани хазинаи давлат ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кории доимӣ нақши назаррас гузоштаанд. Тӯли солҳои мавҷудият корхона тавонистааст рисолати хеш – истеҳсоли маҳсулоти саноатии махсусро дар назди халқу Ватан сарбаландона адо намояд. Ҳатто замони бӯҳрони иқтисодӣ, ки аксари корхонаҳои азим аз фаъолият боз монда буданд, ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» дар сарҷамъиву муттаҳидӣ софдилона ва пурсамар меҳнат кардааст. Аз сабаби гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ ва канда шудани занҷираҳои анъанавии таъминот ва фурӯши истеҳсоли маҳсулот дар охири солҳои 90-уми асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI хеле коҳиш ёфт. Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи некуаҳволии кормандон, ҳайати коллектив ва вазъияти молиявӣ-иқтисодии корхона зарурати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дорои талабот дар бозор ба миён омад. Дар марҳилаҳои кутоҳтарин истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар корхона ба роҳ монда шуда, кормандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин карда шуданд. Ба ҳамаи мушкилотҳои мавҷуда нигоҳ накарда маҳсулоти асосии корхона истеҳсол мешуд ва талаботҳо саривақт қонеъ карда мешуданд. Хушбахтона соли 1999 дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж маҳсулоти корхона ба ҷоизаи «Арки Аврупо барои сифати баланд» сазовор гардидааст. ҶСК “Корхони кимиёвӣ” дар вазъи иқтисодии шаҳри Исфара ва таъмини буҷети маҳаллӣ ҳамеша нақши муҳимро ишғол менамояд. Алъон роҳбарияти корхона бо мақсади пешбурди кори корхона дар шароити мушкили имрӯза баҳри воридсозии технологияи муосир, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа пайваста талошҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. Давоми чор моҳи аввали соли 2023 дар ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» ба маблағи 36 миллиону 581 ҳазору 932 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар қиёс бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 997 ҳазору 347 сомонӣ (137,6%) бештар аст. Дар ин давра ба маблағи 41 миллиону 230 ҳазору 40 сомонӣ маҳсулот ба фурӯш
Ҷашни касбият муборак, коргоҳи кимиё, Иқтидори ту фузун бод ифтихори шаҳри мо!
бароварда шудааст, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14 миллиону 146 ҳазору 99 сомонӣ (суръати афзоиш 152%) зиёд мебошад. Ҷомеаи меҳнатӣ аз 1-уми январ то 1-уми майи соли равон ба хазинаи давлат 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ андозҳоро пардохт намудааст, ки дар қиёс бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 66 ҳазор сомонӣ (182%) бештар аст. Содирот ба давлатҳои ИДМ 11 миллиону 700 сомониро ташкил дод, ки дар соли гузашта, чунин нишондод умуман ҷой надошт. Дар ин раванд сатҳи некуаҳволии кормандони корхона, низ баланд бардошта шуда, маоши миёнаи кормандон дар соли 2022, 2168 сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2021, 172% зиёдтар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти корхона ба ҳифзи иҷтимоии коргарон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Барои барқарор намудани саломатии кормандон пайваста роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо пешниҳод карда мешавад. Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаи иттифоқи касаба, Шӯрои занон, Шӯрои собиқадорон, комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ дар корхона басо назаррас мебошад. Инчунин маҳз ба шарофати ҷаҳду талоши аҳли коргоҳ қариб 1000 адад манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ-фарҳангии дар мувозинаи корхона қарордоштаи шаҳраки коргарии Навобод ҳамагӣ дар ҳолати хуб қарор доранд. Ҳамин зайл ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара ҳамарӯза саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақшаҳои фаъолияти минбаъдаи худро чун ҳамешагӣ бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ намуда, дар пешбурди корхона, рушди истеҳсолот, баландбардории сатҳу сифати зиндагии коргарон ва ободонии Ватани маҳбуб саҳми сазовор гузорад. Ёдрас месозам, ки чанде пеш дар рӯзи иди касбӣ 10 нафар пешқадамони истеҳсолот аз тарафи раиси шаҳри Исфара, 10 нафар бо сипосномаи Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба, 27 нафар бо сипосномаҳои роҳбарияти ҶСК “Корхонаи кимиёвӣ” қадршиносӣ карда шуданд. Аз ин рӯ коллективи меҳнатии корхона аз дастгирии доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара изҳори сипос менамояд! Ҳамкорони азиз ва собиқадорони арҷманд! Аз номи роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касаба ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи касбии кормандони соҳаи кимиё, ки дар якшанбеи охири моҳи май таҷлил карда шуд, самимона муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар фаъолиятатон ба нафъи халқу Ватан бурдбориҳо таманно дорам!
Машъалони истеҳсолот Ашхоси зерин ҳамарӯза баҳри пешбурди фаъолияти корхона софдилона заҳмат мекашанд ва намунаи ибрату пайгирӣ ҳастанд: ДПХ
Холиқов Умедҷон, тирандоз. Ризоев Искандар, тирандоз. Раҳматов Низомиддин, назоратчӣ. САНҶИШГОҲ Қосимова Назокатхон, сардори санҷишгоҳ. Сатторов Қобилҷон, устои санҷишгоҳ. СЕХИ 2 Шаҳобов Фирдавсҷон, усто. Ӯлмасова Нодирахон, патронсоз. Маҳкамов Рустамҷон, технолог. Айшин Рашид, борбардор. Зиёмиддинов Тоҷиддин, муҳргузор. Дӯстматов Фарҳод, энергомеханик. СЕХИ 1 Самадов Акбарҷон, механики сехи 1. Шарипов Муродҷон, электромантёр. Нақибов Мирзонозир, челонгар. Шарофуддинова Татяна, резасоз. Деҳқонова Адиля, патронсоз. Муқаддасова Гулафзо, патронсоз. Мадаминов Абдусамад, кафшергар. Бобоев Ҳабиб, ҷамъкунандаи маҳсулоти махсус. Шарипов Абдумалик, рандагар, РМУ КТМ. Насимов Абдуваққос, усто КТМ. Сечина Ирина, усто, анбори базавӣ. Охонов Абдурасул, боркаши анбори базавӣ. Ризоев Мақсадҷон, табиб.
В этом году передовые писатели и поэты стран СНГ, широкая литературная общественность повсеместно отметят 100-летие со дня рождения аварского советского поэта и писателя, Народного поэта Дагестана, Героя Социалистического труда Расула Гамзатова. Родился Р. Гамзатов в аварском народа. Отрадно отметить, красивее своих стихов, а стихи ауле Цада Хунзахского района в тылу. -- Сборники стихов «Наши что Расул Гамзатов и Мирзо красивее его”. Дагестана в семье народного Результатом дружбы поэта Гамзата Цадасы 8 сентября горы», «Моя земля», «Весна Турсунзаде дружили не только 1923 года. После школы учился в Дагестана» и другие посвящены сами, но и семьями. А во время поэтов стал сборник Расула педагогическом училище, затем трудолюбивому и героическому одной из творческих поездок в Гамзатова “Персидские стихи”. горного края, а Иран Мирзо Турсунзаде стал В задушевных произведениях Почётным доктором Таджикского работал учителем, помощником народу режиссёра государственного стихотворение “Журавли” стало переводчиком своего друга. Р. автора воспевается нерушимая Государственного университета песней советской Гамзатов вспоминал, что на дружба и братство народов, честь (ныне Национальный университет театра Аварии, сотрудничал в любимой молодёжи и более старшего одном из литературных вечеров и достоинство, верность Отчизне. Таджикистана). газетах и радио. Но со школьной Расул Гамзатов был секретарём В 1979 году в Таджикистане поколения, которую поют и в кругу гостей присутствующие скамьи его больше увлекала поныне. За всенародно известный просили таджикского поэта М. проводились Дни литературы Союза писателей России и литература. культуры Российской СССР, депутатом Верховного В 11 лет Расул написал своё сборник “Высокие звёзды” Расул Турсунзаде ёще и ещё раз читать и классиков на языке фарси, так Федерации. В составе делегации Совета СССР, членом Советского Гамзатов был удостоен Ленинской первое стихотворение, а в 1937 как его диалект был близок к был Расул Гамзатов. Его Комитета солидарности народов году был напечатан первый премии СССР. Поэт немало писал для диалекту жителей Шираза. А тепло и сердечно встречали Азии и Африки, награждён сборник стихов. Тяга к знаниям детей, переводил на аварский Шираз -- родина великого Саади промышленники и хлопкоробы, орденом Ленина и другими и народному творчеству привела животноводы и учителя. высокими правительственными Расула Гамзатова в Москву. Он язык произведения Пушкина, и Хафиза. Народный поэт Дагестана Энергетики и гидростроители наградами. пять лет учился в Литературном Лермонтова, Маяковского, М. М. ЁСИНЖАНОВ, член Союза высоко отзывался и ценил Таджикистана избрали истинного институте им. М. Горького. В Турсунзаде и другие. журналистов Таджикистана, произведения таджикского поэта. друга таджикского народа Р. Гамзатов, как и многие эти годы он много писал о Отличник народного героическом подвиге советских русские и советские поэты очень Однажды Р. Гамзатов сказал: Расула Гамзатова Почётным образования РТ. людей на поле боя, на фронте и любил персидскую поэзию, был “Мирзо - один из прекраснейших гражданином города Нурека. близким другом таджикского советских поэтов, так как сам А в 1982 году он был избран
Навстречу 100-летия со дня рождения Расула Гамзатова
Истинный друг таджикского народа
4
"Насими ИСФАРА"
Чунон, ки ҳамагон бохабаранд, сирояти вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар истилоҳи маъмулаш ВИЧ/ СПИД бемории сироятии табобатнашаванда ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намоем, ки ҳақиқатан ин беморӣ ба гурӯҳи бемориҳои сирояткунанда шомил буда, барангезандаи он вирус мебошад ва дар тамоми мамолики ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Вазъият дар тамоми ҷаҳон нисбати ин беморӣ ҳамасола тамоюл ба афзоиш дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб то санаи 31.03.2023 сироятёфтагони ин беморӣ 15393 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 9804 нафарро мардон ва 5589 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар вилояти Суғд бошад ин рақамҳо мутаносибан 3531 нафар буда, мардон 2212 ва занон 1319 нафар мебошанд. Дар шаҳру деҳоти Исфара 353 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо мардон 215 ва занон 138 нафар мебошанд. Аз ҷумлаи сироятёфтагони ба қайд гирифташуда 106 нафарашон фавтидаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ баланд буда 30,01%ро ташкил медиҳад. Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) бемории сирояткунанда буда, аз одами сироятёфта ба одами солим бо 3 роҳ мегузарад: 1. Бо роҳи алоқаҳои ҷинсии бе истифода аз воситаҳои муҳофизатӣ (дар байни мардуми ҳамҷинсгаро ва алоқаҳои ҷинсии бетартибона); 2. Ба воситаи хун ва ҷузъҳои он (ҳангоми хунрезӣ ба бемор, истифодаи якҷояи маводҳои мухаддир ба воситаи тазриқӣ, яъне ба варид, гузаронидани амалиётҳои тиббиву ғайритиббии бо олудашавӣ ба хун вобаста, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо мардуми Ворух чунин гуфтанд: -Ворух ба биҳишт монанд. Бале, Ворух бо ҳидоятҳои бе мисли Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода, бо маслиҳатҳои беназири раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, бо кӯшишу ғайрати раиси ҷамоат Меҳринисо Раҳматова ободу зебо шуда истодааст. Ин дастгириҳои ҳукумат ба халқи меҳнатқарини деҳа рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ҳар як сокини деҳа мехоҳад, ки дар ободии деҳаву маҳал ҳисса гузорад. Яке аз чунин ободкорон Ҳалимбой Шокиров буда, депутати маҳаллӣ мебошад ва дар маҳаллаи С. Наимбоев зиндагӣ мекунад. Ҳар амалеро, ки ӯ анҷом медиҳад, бо амри дил иҷро мешавад ва кӯшиш мекунад, ки як гӯшаи диёрро обод созад. Вай аввалин шуда, экскватор бароварда, дар мавзеи Санги калон ҷоеро барои порупартоӣ омода кард ва поруҳои дар маҳаллаҳо ҷамъ шударо бо мошини худаш бароварда
1 июни соли 2023
№ 18 (9480)
Адабро раҳбари кӯйи талаб кун, В-агарна нафси саркашро адаб кун.
Худ ва атрофиёнро аз хатар эмин нигоҳ дорем! қабили ҷарроҳиву амалиётҳои дандонпизишкӣ, истифода аз хизматрасониҳо дар толорҳои ҳусн, риштарошӣ дар сартарошхонаҳои ҷамъиятӣ, истифода аз шоткаҳои дандоншӯии умумӣ дар шароити хонаву дигар ҷойҳо, холкубӣ (тату) ва ғайра; 3. Аз модар ба кӯдак дар марҳилаҳои ташаккулу афзоиши ҷанин дар батни модар, ҳангоми таваллуд ва баъди зоиш дар давраи ширдиҳии пистонӣ. Ягона роҳи аниқ намудани ин сироят аз ташхиси хун гузаштан ба ин беморӣ мебошад. ВНМО /БПНМ (ВИЧ-СПИД) бо ин роҳҳо намегузарад: Ба воситаи асбобҳои рӯзгор (косаву табақ, пиёла, сачоқ, шона ва ғайра); Ба воситаи ҳаво ҳангоми нафаскашӣ, сулфидан, атсазанӣ; Ҳангоми дастфишурӣ, ба оғӯш гирифтан, бӯсидан, якҷоя оббозӣ кардан; Ҳангоми неш задани ҳашарот ё газидани ҳайвоноту магасҳо, инчунин пашшаҳо; Ҳангоми бо шахси гирифтори ВНМО/БПНМ вохурӣ кардан; Бо шахсоне, ки гирифтори ВИЧ-СПИД ҳастанд якҷоя хўрок хўрдан; Барои сироятёбӣ ба ВНМО синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Бемории ВНМО/БПНМ мисли якчанд бнмориҳои дигар бемории ахлоқӣ мебошад. Яъне, ки дар бештари ҳолатҳо шахс аз сабаби нодуруст будани рафтори худ ба бемории мазкур дучор мешаванд. Одамоне, ки ба сирояти ВНМО дучор шудаанд дар давоми
чандин сол худро тамоман солим саломатии худ мебошад. Имрӯзҳо ҳис мекунанд. Вале, худи одам бақайдгирии ин беморӣ дар байни барои атрофиёнаш хатарнок муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аст ва метавонад бемориро мушоҳида мегардад. Танҳо дар фаъолона паҳн кунад. Аз моҳи майи соли 2023 дар хуни давраи сироятшавӣ то пайдо 5 нафар ташхиссупоридагон шудани аломат ва нишонаҳои вируси ВНМО ошкор гардид, ки клиникӣ аз 1 то 5 ва ҳатто 10 сол ҳамаи ин 5 нафар аз муҳоҷират гузаштанаш мумкин аст. Агар баргаштаанд. Мутаасифона, онҳо шахси сироятёфтаи ВНМО сари дар дараҷаи вазнини беморӣ аз вақт дарёфт нагардад беморӣ ба Федератсияи Россия ба Ватан марҳилаи бемории пайдошудаи бармегарданд. Дар марказ ҳар як норасоии масуният (БПНМ) шаҳрванд имконияти аз ташхис мегузарад, ки аломату нишонаҳои гузаштан ба ВНМО-ро дорад. Аз ташхис гузаштани як қатор беморӣ пайдо мегарданд. Ҳарчанд ин бемориро табобатнашаванда шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазир меҳисобанд, илми тибби муосир ва хавф дошта, пеш аз ҳама имрӯз имконияти идора намудан муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ва ба сироятёфтагон фароҳам расонандаи хизмати шаҳвонӣ, маовардани шароити пурра ва истеъмолкунандагони мухаддир, шахсони самараноки ҳаёти пурмаҳсулро води ҳамҷинсгаро, занҳои ҳомиладорост. Бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии дору шахсони никоҳшаванда ба Тоҷикистон имрӯз дар ҳама шаҳру таври ройгон – бепул ба роҳ ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои монда шудааст. Инчунин, ҳар як махсусгардонидашудаи пешгирӣ сироятёфта бо табобати ройгон ва мубориза бо ин сироят ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ фаъолият менамоянд, ки ба фаро гирифта мешавад. Пешниҳодҳои мутахассисони сироятёфтагон хизматрасонии тиббии комилан мутараққӣ ва маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ-и шаҳри Исфара самаранок расонида истодаанд. Бояд хотиррасон намуд, ки оид ба пешгирии ВНМО /БПНМ: 1. Муҳоҷирон пеш аз ба маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ-и шаҳри Исфара сафар баромадан ва пас дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи аз баргаштан аз сафар генерал Б. Маҳкамов 5 воқеъ (алалхусус Федератсияи буда, бо мутахассисони касбӣ ва Россия) ҳатман аз ташхис воситаҳои имрӯзаи ташхисиву ба ВНМО-ВИЧ гузаранд. табобатӣ муҷаҳҳаз мебошад ва Ташхисҳои оҷилӣ ба корҳои ташвиқотию таблиғотиро ВНМО вақти бисёр талаб ҷиҳати пешгирии ин сироят ба роҳ намекунанд ва чунин ташхисҳоро дар маркази мондааст. Яке аз сабабҳои асосии пешгирӣ ва мубориза бар пайдоишу паҳншавии ин сироят зидди БПНМ гузаштан мумкин дар байни аҳолӣ, паст будани аст. 2. Фарзандони худро назорат донишу маърифати тиббии мардум нисбати ин беморӣ кунед, то ки аз партовҳо ё ва беэътиноии онҳо нисбати дигар макон сўзандоруҳои
истифодашударо барои бозӣ гирифта истифода набаранд, эҳтимолияти гузариши беморӣ ҳаст. 3. Ҳангоми истифода аз хизматрасониҳо дар муассисаҳои тиббӣ, толорҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, истифодаи маводҳои яккаратаро назорат намоед. 4. Дар вақти ҳомиладорӣ, занҳо аз ташхис ба ВНМО албатта бояд гузаранд. 5. Фарзандони худро нагузоред, ки ба нашъамандӣ даст зананд. 6. Ҳаргиз ба алоқаҳои ҷинсии тасодуфии бемуҳофизат (бе рифола), бо ашхоси бегона роҳ надиҳед. 7. Назорат кунед, то фарзандони Шумо ба холкӯбиву доғмонӣ (татуировка) сару кор нагиранд. 8. Занҳое, ки гирифтори сироят гардидаанд дар ҳолати таваллуд бояд ки аз ширдиҳии пистонӣ ба кӯдак худдорӣ намоянд ва кўдакашонро бо шири сунъӣ тарбия намоянд. Чунин кӯдакон дар марказҳои пешгирии ВНМО/БПНМ бо ғизои ивазкунандаи шири модар тариқи ройгон – бепул таъмин карда мешаванд. 9. Дар ҳолати дар хона гузаронидани амалиётҳои тиббӣ, ҳеҷ гоҳ сўзандоруҳои истифодашударо ба партовгоҳҳо напартоед, сўзонидани онҳо ҳатмӣ аст.
дамгириву истироҳат ба онҷо меоянд. Зарурати нав кардани симчӯбҳо ва гузоштани трансфарматор ба миён омад, Ҳалимбой бо Аминҷон роҳбариро ба зимма гирифта, ин корро низ бо сарбаландӣ ба итмом расониданд. Тамоми кӯча ва тангкӯчаҳои маҳалларо ҳолати баде дошт. Ҳалимбой бо мумфарш карданд, ки саҳми аҳли маҳалла маслиҳат карда, калонро Ҳалимбой гузошт. барои обод гардонидани ин ду Акнун Ҳоҷӣ Ҳалимбой Шокиров ҳавз камари ҳиммат баст. Ба ӯ ният дорад, ки гирду атрофи Аминҷон Бобомаллаев, омӯзгор қабристони маҳалларо обод Ҳайдарбек Миров, раиси маҳалла кунад ва ин нияти ӯ моҳҳои наздик Зинуриддин Қодиров, Абдуфаттоҳ амалӣ хоҳад гашт. Шарофов, устоҳо Насруллоҷон ва Имрӯзҳо Ҳоҷӣ Ҳалимбой Бобоҷон Нозимовҳо , Фазоиддин Шокиров бо ронанда Комронҷон Акрамбоев ва муҳандиси сохтмон Ҳамдамов барои сангфарш Абдумуқадӣ Метинов пайравӣ кардани роҳи байни Хоҷаи карданд. Қарор дода шуд, ки Чимирғон то мавзеи Пули роҳбарии сохтмонро ба фарзанди Офтобрӯй кору фаъолият бурда сохтмончии номдор Қуллибек истодаанд. Бобомаллаев, ки аввалин шуда Онҳо ният доранд, ки корҳои барои обод кардани ин ду ҳавз дуруст кардани роҳҳо ва пулҳоро маслиҳатҳо дода буд, Аминҷон ба анҷом расонанд ва барои Бобомаллаев вогузоранд. сазовор пешвоз гирифтани Ҳавзҳо бо тамоми ҷузъиёташ ҷашни 35-солагии Истиқлолияти сохта шуданд ва Аминҷон Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми тавонист, ки аз масолеҳи арзандаи худро гузоранд. боқимонда дар шафати ҳавз меҳмонхонаи бошукуҳе барои С. БОБОХОЛОВ. истироҳаткунандагон бунёд кунад. Тамоми аҳли маҳалла дастгирӣ карданд ва имрӯзҳо мардум барои
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Аз рӯзгори одамони наҷиб
Ободкорон
партофтанро оғоз кард ва дигарон ба ӯ пайравӣ карда , деҳаро аз партовҳои сари кӯчагӣ тоза карданд. Мардуми деҳа, меҳмонони ба сайёҳат омада бо заҳмати зиёд дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳии Пули офтобрӯй ва зиёратгоҳи Хоҷаи Чимирғон нороҳатӣ ҳис мекарданд, зеро сангҳои калон –калони роҳ ба роҳгузарон ва мошинҳо халал мерасониданд, Ҳалимбой инро дарк карда бо лому мисрон гирифта, азм кард, ки сангҳоро канда, роҳро таҳту ҳамвор мекунад. Рӯзи якум ин корро худаш сар кард. Рӯзи дигар ба ӯ омӯзгор Баҳриддин Болтаев механизатор Султонбой Қориев ва Бобоаҳмад Шокиров ҳамроҳ шуда, дар муддати як ҳафта роҳро тахту ҳамвор ва ба поёнобҳо қубур хобонида, корро анҷом доданд ва ҳамаи маблағҳои сарфшуда аз ҳисоби Ҳалимбой буд. Ду ҳавзи оби нӯшокии маҳалла
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 31. 05. 2023. Адади нашр 3800. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
С. ЗОИДБОЕВ, М. ПӮЛОТОВ, мутахассисони маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и шаҳри Исфара.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки дар бойгонии КДФ БММҒ-и шаҳри Исфара таҳти №799, ки дар суроғаи шаҳри Исфара кӯчаи Ҷомӣ хонаи №15 а ба номи Усмонов Шукрилло ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи асосии силсилаи ТШТА №0494566, ки МТМУ №3 солҳои таҳсили 2009-2010 ба Саидумаров Осимҷон додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи асосии силсилаи Т-ШТА № 0015916, ки МТМУ №5 солҳои таҳсили 2004-2005 ба Исмонова Мӯъҷизахон Ғаниевна додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи Т-ШТУ №0374840, ки МТМУ № 19 солҳои хониши 20092010 ба Мамадова Истатхон Баҳоваддиновна додааст.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "АСРИ АЗИМ" чоп шудааст. Супориши № _________