39 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

Оғози нашр 24/04/1932 ***

ИСФАРА

№ 39 (9174) ***

Чоршанбе,

19 октябри соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Осуда бош, Ватан!

Аскарӣ майдони тарсу нест, нест. Арсаи мардони тарсу нест, нест. Аскарӣ сафгоҳи ҷонбозони

гурд , Дар сафи он ҷони тарсу нест, нест.

Ҷавшани сарбозӣ, ки зебад ба тан, Дар қади инсони тарсу нест, нест. Парчами номусу нангат Меҳанам, Дар кафи дастони тарсу нест, нест. Эй Ватан, осуда бош,

осуда зӣ, Дар ту фарзандони тарсу нест, нест! Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.

Дар даромадгоҳи шаҳр ҳайати меҳмононро раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ, собиқадорони меҳнат истиқбол гирифтанд. Бояд гуфт, ки муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар асоси арзишҳои умумӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд, аз қаъри таърих реша мегиранд. Ин маънӣ чанде қабл зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов таъкид гардида буд. Ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои мардуми Исфара дар даврони истиқлолият шинос шуда, аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии шаҳр дидан намуданд. Дар осоишгоҳи овозадори «Зумрад» меҳмонон бо раванди азнавсозӣ, тарҳи нави иншоот-

Муҷассамаи зардолу Дар маркази шаҳри Исфара, дар пешорӯйи маркази савдои «Пайванд» муҷассамаи зардолу бунёд гардид.

Баландии муҷассамаи аҷиб 5 метру 70 сантиметр буда, васегиаш баробари 4 метр аст. Муаллиф ва бунёдгари ин нигораи нодир ҳунар-

Варзишгарони исфарагӣ дар мусобиқоти сатҳи байналхалқӣ паи ҳам ба дастовардҳои шоён ноил мегарданд. Дастпарвари мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1-и маркази шаҳр, Устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони мамлакат дар солҳои 2014 –

Раиси шаҳр дар саҳроҳои Кӯлканд

Ҳайати беш аз 30 нафараи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Шеъри рӯз

манди маҳаллӣ Саидҷон Муҳаммадиев, ки бо чунин навъи кор қаблан дар Русияву Аморати Муттаҳидаи Араб машғул шудааст, мегӯяд, ки барои офаридани муҷассамаи мазкур давоми як моҳ заҳмат кашидааст. Кофтуковҳои археологӣ собит сохтаанд, ки ин ҷо ҳанўз 6 ҳазор сол пеш аз мелод исфарагиён ба парвариши боғоти зардолу машғул будаанд. Майдони умумии боғ дар Исфара (бо назардошти боғоти аҳолӣ) ба 12 ҳазору 258 гектар баробар аст, ки аз он 10 ҳазору 600 гектарашро боғоти зардолу ташкил медиҳад ва ин ҷо зиёда аз 21 навъҳои зардолу парвариш карда мешаванд. Зардолуҳои шаҳдрези Исфара аз рўи қанднокӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ босифаттарин ба ҳисоб мераванд. Исфарагиён рўзгори худро бе парваришу ғунучин ва бастубанди меваи зардолу тасаввур карда наметавонанд ва сарвату неъмати хонаводагиашон маҳз меваи зардолуст. Гузашта аз он чанд соли охир Н/И

Меҳмонон аз Ӯзбекистон

ҳо, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароитҳои созгори истироҳату фароғат шиносоӣ пайдо намуда, аз осорхонаи тибби тоҷик дидан карданд. Баъди пазироӣ дар шаҳри Исфара боздиди меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз маркази вилоят идома ёфта, онҳо Қасри бошукӯҳи Арбоб, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол», хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандиро тамошо намуданд ва чун

дар шаҳру деҳоти Исфара 11 корхонаҳои коркард ва басту банди зардолу ба фаъолият пардохтанд, ки маҳсулоти онҳо акнун исфарагиҳоро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2016 аз Исфара ба хориҷи кишвар 13 ҳазору 267 тонна махсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки беш аз 12 ҳазор тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Содирот асосан ба Русия (70%), Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ (20%), Аврупо ва Амрико(10%) сурат мегирад. Бо назардошти ҳамаи гуфтаҳои боло муҷиби пайдоиши муҷассамаи зардолу дар маркази шаҳр ва ба ин тариқ арҷгузории Исфарагиҳоро ба меваи зардолу дарк кардан душвор нест. Ин бори нахуст аст, ки муҷассама на ба хотираи гиромидошти ягон шахсияти бузург, балки бо рамзи эҳтиром ба мевае гузошта шуд, ки он манбаи асосии даромади сокинон, омили муҳими фаровонии дастархони мардум ва муаррифгари умдаи исфарагиҳо дар миқёси ҷумҳуриву минтақа ва ҳатто ҷаҳон маҳсуб мешавад. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Дастоварди варзишӣ

Аз Ҳиндустон бо медал

2016 Бобохон Воҳидов дар мусобиқаи Гран – При оид ба намуди гӯштини тарзи озод байни калонсолон дар шаҳри Пунеи кишвари Ҳиндустон ширкат варзида, дар вазни 57 килограмм сазовори мақоми ифтихории 3-юм ва медали биринҷӣ гардид.

Лозим ба зикр аст, ки Бобохон Воҳидовро ба ин мусобиқа мураббии шинохта Солеҳҷон Ҳасанов омода намудааст. Барои Исфара ва исфарагиҳо ин дастоварди Бобохон басо пурифтихор аст. Зеро ӯ байни варзишгарони беҳтарини 10 ма-

рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи ғазалсарои форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳайати меҳмонон ҳангоми гусел аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмондории мардуми вилояти Суғд изҳори сипос намуда, умедворӣ карданд, ки робитаи байни мардуми ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя боз ҳам қавитар хоҳад шуд. С.ҚУРБОНОВ. Н/И

Обуна - 2017

Ҳиммати обуначиён қадрдонӣ мешавад Маъракаи обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, аз ҷумла ба рӯзномаи «Насими Исфара» барои соли оянда торафт вусъат меёбад. Шоистаи таҳсин аст, ки ҷомеаи меҳнатии беморхонаи марказии шаҳр (сартабиб Т. Муҳаммедов) аз нахустинҳо шуда, ба зиёда аз 390 нусха нашрияи шаҳрӣ номнавис гардида, нақшаи худро иҷро карданд. Ташаккур бар Шумо, табибон! Муассисаҳои таълимии №№ 2,7,12,25,27,28,30,33,36,40, 43,51, литсейҳои №№ 5, 8, филиали бонки «Эсхата», ТҶММ-и шаҳр, МНДСЭ ва ҶДММ "Наҷот" низ аз пешсафони обуна ба «Насими Исфара» мебошанд. Ёдрас мекунем, ки «НИ» арзонтарин ва наздиктарин рӯзнома барои ҳамдиёрон буда, ҳиммату садоқати обуначиёни фаъол аз ҷониби нашрия қадрдонӣ хоҳад шуд. С.АНӮШЕРВОН.

молик, аз ҷумлаи Русияву Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чину Муғулистон, Қирғизистону Ҳиндустон соҳиби ҷоиза гардидааст. Аз ин хотир дӯстдорони варзиши шаҳр ба Воҳидов Бобохон барои ҳифзи сазовори шарафи варзишии Тоҷикистон арзи ташаккур намуда, барояш дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзишӣ комёбиву музаффариятҳо таманно мекунанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, маъракаи ҳосилғундорӣ ва омодагии деҳқонон баҳри заминагузорӣ ба ҳосили оянда раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Кӯлканд боздид ба амал овард.

Нахуст шаҳрдори Исфара бо фаъолияти деҳқонони кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Даҳана» аз наздик ошно шуд. Тавре сарвари хоҷагӣ Одилхӯҷа Болтаев ба раиси шаҳр иттилоъ дод, деҳқонони хоҷагӣ баҳри истифодаи пурсамари обу замин, истеҳсоли маҳсулот ва тухмиҳои хушсифат, истифодаи захира ва имкониятҳои дохилӣ, ғановат бахшидани дастархони мардум ва афзун намудани номгӯи маҳсулот пайваста кӯшиш менамоянд. Хоҷагӣ дорои 213 гектар замин, аз ҷумла 63 гектар замини корам ва 43 гектар боғ мебошад. Деҳқонони хоҷагӣ имсол дар майдони 37 гектар офтобпараст кишт намуда, аз ҳар гектар 10 сентнерӣ ва аз 22 гектар силос 150 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Алҳол дарави чоруми юнучка идома дорад. Дар маркази хизматрасонии техникии хоҷагӣ 4 агрегати алафдаравӣ, 2 трактори тасмачарх, 6 трактори чархдор баҳри осонгардонии кори деҳқонон омода карда шудаанд. Бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ барои кашонидани хонандагон аз Даҳана то Лаккон як микроавтобус ҷудо шудааст. Кишоварзони хоҷагӣ аллакай дар майдони 8 гектар шудгор ва дар 2 гектар кишти гандуми тирамоҳиро анҷом дода, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи зироатҳои кишоварзӣ заминаи устувор мегузоранд. Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр ҳамчунин бо боғи интенсивиии деҳқони миришкор Абдуқодир Қурбонов шинос шуд. Соли 2-юм аст, ки боғи интенсивии ӯ дар майдони 1 гектар рушд мекунад ва аллакай дарахтонаш ба ҳосилдиҳӣ оғоз кардаанд. Абдуқодир Қурбонов имрӯзҳо ба ҷуз парвариши боғи интенсивии себу нок ва олу, ҳамчунин дар байни қаторҳо картошкаву тарбуз корида, ба парвариши ниҳолҳои дарахтони паканаи себ низ шуғл меварзад ва аллакай аз қитъаи таҷрибавии ӯ беш аз 6 ҳазор бех ниҳолҳо ба тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба фурӯш рафтаанд. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳамчунин дар филиали нуқтаи такягоҳии Институти боғпарварии ба номи Мичурини Академияи илмҳои кишоварзӣ аз фаъолияти кормандони он шинос гардида, бо фотеҳаи неки пирони кор ба кишти зироатҳои тирамоҳӣ оғоз бахшид.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.