Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 23 (9205) *** Чоршанбе 14. 06. 2017
ИСФАРА
Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш
Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдилӣ мароми мост!
Дар фарҳанги имлои забони тоҷикӣ калимаи «ваҳдат» чун ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ маънидод гардидааст. Ин вожа дар ҳаёти Тоҷикистони навин мазмунҳои васеъ пайдо намуд, ки инро дар мисоли ҳар як шаҳру ноҳия, шаҳрак ва деҳаҳо дидан мумкин аст. Имсол сокинони кишвар ҷашни таърихии 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд. Ваҳдат – ин сулҳу дӯстӣ, ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ мебошад. Баъд аз эълон намудани Истиқлолияти Тоҷикистон халқи мо озодии ҳақиқиро ҳис намуд. Вале солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо фаъолияти душманони дохиливу хориҷӣ Ватани маҳбубамон ба ҷанги бемаънӣ ва бародаркуш кашида шуд. Дар ин шароит сохтори ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, аксари роҳбарон барои халоси ҷони хеш аз майдони сиёсӣ рафтанд. Дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси оқилу доно, фарзанди далеру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ҷумҳурӣ интихоб гардид. Дастоварди бузургтарини роҳбари ҷавони чилсола Эмомалӣ Н/И
Таъинот
Дар ҶС "Ангишт" Мақсудҷон Мамадҷонов иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ҷамъияти саҳомии «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб таъин гардид. Номбурда то ин дам вазифаи мудири бахши нақлиёт ва хизматрасонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро бар ӯҳда дошт. ДастН/И
Нуқтаи назар
Раҳмон – ин барқарор намудани сулҳи комил ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд. Самари ин ваҳдатро метавон дар ҷамоати Хонобод ба мушоҳида гирифт. Ҷамоати мазкур яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳрамон буда, бо ноҳияи Конибодом ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз аст. Зиёда аз 12 ҳазор аҳолӣ дорад. Аз қадим дар ин макон тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо чун бародару хоҳар зиндагониашонро аҳлона пеш мебаранд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ дар ҷамоати деҳоти Хонобод анъанаҳои нави иттифоқию аҳлигарӣ пайдо шуда, мардумон бо усули ҳашар аксар корҳоро ба сомон расонда истодаанд. Агар ҷӯи калони Эшонро сокинони деҳаҳои Заркӯҳу Хушобод ва Нефтобод тоза намоянд, сокинони деҳаҳои Баланду Яккачинор бошад, ҷӯи Қалъачаро тоза мекунанд. Иқдоми неки дигар ташкили оилаҳои хушбахти интернатсионалӣ аст. Масалан, Тӯйчибой Ахмирзаев бо ӯзбекдухтар Наргизахон оиладор гашта, ҳоло соҳиби чор фарзанд мебошанд. Фарзандон озодона бо забонҳои тоҷикӣ ва
ӯзбекӣ гуфтугӯ менамоянд. Ҷонибек Умаралиеви қирғиз бошад,бо тоҷикдухтар Шаҳноза ва Ҷ. Тӯйғунов бо Ганҷина оила барпо намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда истодаанд. Дар деҳа коргоҳи консервбарории "Субҳи Ватан" ва сехи коркард ва бандубасти меваи хушки «Оро-Исфара» фаъолият дорад. Мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва майдончаҳои варзишӣ аз таъмирҳои ҷорӣ ва таъмирҳои куллӣ бароварда шудаанд. Бо иштироки раиси шаҳр Д. Ҷ. Расулзода боз як бинои нави иловагӣ барои 120 нафар хонанда дар МТМУ № 42 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маркази деҳаи Хушобод бошад, бонувон ба ҳунари қолинбофӣ ва дар деҳаи Хонобод ба ҳунарҳои атласу адрасбофӣ машғуланд. Ин бонувони хонободӣ дар озмунҳои «Атласу адрасбофи беҳтарин»-и вилоят иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Чароғи меҳри сокинони деҳот ҳамеша бо ёру дӯстон фурӯзон аст. Ҳамаи ин хушбахтиҳо - оромии Ватан, ободии кишвар, хотирҷамъӣ дар оила сарчашма аз Ваҳдати миллӣ дорад. Муҳсинҷон ЁСИНҶОНОВ, старшинаи милитсия, командири ШХДМ ШВКД-1 дар шаҳр.
маҳаллии ҷапарвари Донишгоҳи давлатии Самара буда, муддате дар кони моати деҳоангишти шаҳраки Шӯроб, дар ҳути Чоркӯҳ бо кумати шаҳраки Шӯроб ва мақоширкати раиси моти иҷроияи ҳокимияти давлашаҳр Расулзотии шаҳр кор кардааст. да Д.Ҷ. доир ва Маросими муаррифии Маққарори дахлдор қабул кард. судҷон Мамадҷонов бо ҳузури Насриев Шумуовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва сардори КВД курхон Яҳёевич «Ангишти тоҷик» Илҳомиддин то ин вақт ба ҳайси мудири яке аз Неъматов доир шуд. шуъбаҳои раёсати молияи шаҳри Исфара адои вазифа менамуд. Пешниҳод ва интихоби Шукурхон Насриев ба вазифаи пурмасъул ва роҳбарикунанда амалигашти Шукурхон Насриев раитадбирҳо дар Соли ҷавонон дар Исфара ва пешбарии кадрҳои ҷаси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ вон аз ҷониби мақомоти иҷроияи таъин шуд. ҳокимияти давлатии шаҳри ИсфаДар ин бора иҷлосияи ғайри- ра ба мақомҳои роҳбарикунанда навбатии маҷлиси вакилони мебошад.
Баракати зиндагӣ
Дар Чоркӯҳ
Муқимҷон Мамадҷонов, ки солиёни зиёд дар осоишгоҳи «Зумрад» чун муҳандиси техникаи бехатарӣ бенуқсон кору фаъолият намуда буд, ҳоло раиси маҳаллаи Яккачинор аст. Бо иқдоми ӯ пули одамгузари 45 метраи байни маҳаллаҳои Яккачинор ва Заркӯҳи ҷамоати деҳоти Хонобод, ки соли гузашта сел вайрону валангор карда буд, аз нав барқарор
Имсол ба қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” 10 сол сипарӣ мешавад. Давоми ин солҳо туфайли қонуни мазкур маросимҳои мардум камхарҷ гардид, ки ин ба буҷети оилавӣ мадади чашмрасе мебошад. Зеро соҳибмаъракаҳо аз хароҷотҳои беҳуда даст кашида, барои хубу сара гузаштани маъракаҳо диққат медодагӣ шуданд. Н/И Миннатдорӣ Қонун боиси баландгардии некӯаҳволии мардум ва баракати зиндагӣ гарМо, сокинони деҳаи Кӯлканд дидааст. арзи сипоси худро ба соҳибкор М.САТТОРОВ, сокини деҳаи Навгилем. Абдусаттор Шокиров мерасо-
Н/И
Амали хайр
Иқдоми шоиста
гардид. Ба гуфти Муқимҷон Мамадҷонов барои ин амали неку савоб наздик 20 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд, ки он аз ҳисоби сокинони маҳалла мебошад. Мухтадил ҶӮРАЕВ.
Сипосмандем
нем. Зеро номбурда дар арафаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва моҳи шарифи Рамазон ба 200
Дар мулоқот ҳамкории кишвари моро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шуморида шуд. Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои густурдаи созанда ва судмандро бо он ва ниҳодҳои тахассусиаш ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст. Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судман баён гардид. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли маН/И
съалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки баргузории он дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд. www.president.tj
Амалиёти "Кӯкнор-2017"
Канабисро нест бояд кард! Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон амалиёти ошкор ва нобуд намудани алафи худрӯйи нашшаовар бо номи “Кӯкнор-2017” гузаронида шуда истодааст. Таҷрибаи солҳои пешин нишон дод, ки яке аз намудҳои паҳнгаштаи ин растанӣ дар ҳудуди Исфара нашшача буда, онро ба лотинӣ “канабис” меноманд. Канабис асосан дар заминҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак, Хонобод ва қисман Навгилему Кӯлканд мушоҳида мешавад. Канабис бештар дар қитъаи заминҳои ҳамсарҳадии зироатҳои ғалладона, заминҳои ҳудуди боғ ва корами кишоварзӣ, ки сернам мебошанд, хуб нашъунамо мекунад. Канабис
растании яксолаи худрӯй буда, аз 0,40 то 1 метр қад кашида, дар маҳалҳои ба сабзиш мувофиқ то 2 метр баланд мешавад. Навдаи на он қадар зиёд дошта, баргҳояш хурду нозук ва ба нашшаи ҳақиқӣ монанд аст. Як дона канабис то 2 ҳазор тухм медиҳад, ки тухми он қобилияти баланди худмуҳофизатӣ дорад ва сардиҳоро ба осонӣ паси сар мекунад. Канабис барои бордоршавии зироати ғаллагиҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон ва аҳолиро зарур аст, ки барои несту нобуд кардани ин алафи худрӯй мунтазам чораандешӣ кунанд. Зеро эҳтимол дорад, ки ҷавонон аз канабис бо мақсади сархӯшӣ истифода баранд. Ф.КАРИМОВ, сардори раёсати кишоварзӣ.
оилаҳои камбизоат - иштирокдо- ройгон тақдим кард. рони ҶБВ, оилаҳои бесаробон- Ҳимматат баланд, сиҳатмандимонда ба миқдори 50 килоӣ орд, ву саодатмандӣ насибат бод! 25 килоӣ биринҷ, 10 килоӣ равған Гулафзо АБДУЛЛОЕВА, ва қанду шакару чойи хушкро сокини деҳаи Кӯлканд.