Минбар 2014 (8)

Page 2

2

ЊАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

Минбари халќ 20 феврали соли 2014 №8 (935)

МУЛОЌОТ БО ИБРОЊИМ РАЊИМПУР

Таърихи 14 феврал Президенти кишвар Эмомалї Рањмон муовини вазири корњои хориљии Љумњурии Исломии Эрон Иброњим Рањимпурро ба њузур пазируфт.

Дар мулоќот масоили вобаста ба муносиботи гуногунљанба ва њамкории судбахши ду кишвари дўст баррасї шуд. Таваљљуњи зиёд ба роњњои рушду густариши њамкории иќтисодию тиљоратї, сармоягузорї ва татбиќи босамари лоињањои муштараки ду кишвар дар бахшњои гуногун зоњир гардид. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба авзои кунунї ва дурнамои Афѓонистон ва дигар масоили минтаќавию байналмилалї сурат гирифт.

ТАЪИНОТИ КАДРЇ ДАР СОХТОРЊОИ ЌУДРАТЇ ВА МАЌОМОТИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌ 15 феврали соли равон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон кадрњои ба вазифањои нав дар сохторњои ќудратї ва маќомоти њифзи њуќуќ пешнињодшударо барои суњбат ба њузур пазируфт.

С

АРВАРИ давлат Эмомалї Рањмон бо ёдоварї аз масъулияти баланди ватандорї, њифзи шоиста аз марзу буми кишвар, њуќуќу озодињои шањрвандон ва таъмини волоияти ќонун ва тартиботи њуќуќї кадрњои ба вазифањои пурмасъулият пешнињодшударо ба хизмати содиќона ва ма-

Иттилоия

тонату шуљоат дар иљрои вазифањои худ њидоят кард. Таъкид гардид, ки барои тарбияи кадрњои љавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифањои баланд пешнињод кардани онњо низ пайваста кўшиш бояд намуд. Њамин тариќ, дар мувофиќа бо Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд. Комиссари комиссариати њарбии муттањидаи ноњияњои тобеи љумњурї ва комиссарони њарбии минтаќаи Кўлоб, шањру ноњияњои Душанбе, Турсунзода, Рўдакї, Вахш, Ќумсангир, Бохтар, Балљувон, Носири Хисрав, Љилликўл, Шањритўс, Сарбанд ва Мастчоњ иваз карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба масоили вобаста ба тарбияи кад-

рњои миллии афсарї дар Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон, тањсили онњо дар дохил ва хориљи кишвар ва даъвати босифати љавонон ба хизмати њарбї таваљљуњи хос зоњир намуда, дастур дод, ки роњу усулњои ѓайриќонунии даъват ба сафњои Артиши миллї комилан аз миён бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои њалли ин мушкил бояд тарбияи њарбї-ватандўстии наврасону љавонон аз муассисањои томактабї ва мактабњои тањсилоти њамагонї шуруъ шуда, дар сатњи зарурї ба роњ монда шавад. Панљ нафар ба вазифањои масъулиятнок дар њайати роњбарии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтаќавии он дар минтаќаи Рашт таъин гардид. Ба вазифањои муовини якуми ра-

иси Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва раисони судњои ноњияњои Ќубодиён ва Панљи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифањои судя д ар суд и вил оя ти Хатл он ва ноњияњои Фирдавсии шањри Душанбе ва Љалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Њамчунин прокурори шањри Роѓун иваз карда шуд. Бо таваљљуњ ба ањамияти адолати судї, волоияти ќонун, коњиш додани љиноятњои коррупсионї ва баланд бардоштани обурўю эътибори маќомоти њифзи њуќуќу тартибот таъкид гардид, ки бояд тарбияи њуќуќии ањолї ва корњои тарѓиботию пешгирї аз љинояткорию ќонуншиканї васеъ ба роњ монда шавад.

www.president.tj

АЪЗОИ НАВИ МАЉЛИСИ МИЛЛИИ МАЉЛИСИ ОЛЇ

Санаи 16 феврали соли 2014 тањти роњбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон љаласа баргузор гардид, ки дар он масъалањои баќайдгирии аъзои Маљ-

лиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба ивази аъзои хориљшуда ва тасдиќи ваколатњои онњо баррасї шуд. Мувофиќи моддањои 12, 51, 52 ва 56 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" ва дар асоси протоколњои комиссияњои њавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суѓд №2, Хатлон №3, шањри Душанбе №4 ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї №5 оид ба љамъбасти натиљањои интихоботи аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба ивази аъзои хориљшуда КМИР ќарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозњо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маљлисњои дахлдори мањаллии вакилони халќ рўзи 15

феврали соли 2014 аъзои ММ МО ЉТ интихоб шудаанд, ба ќайд гирифта, ваколати онњо тасдиќ карда шавад: АЗ ЊАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ВМКБ №1: Абдурањмонов Саидбурњон Саидрањмонович, раиси ноњияи Дарвози ВМКБ; Худоёров Худоёр Завќибекович, раиси ноњияи Рўшони ВМКБ; Шодихон Љамшед, раиси ВМКБ; аз њавзаи интихоботии Суѓд №2: Абдурањмон Ќодирї, раиси вилояти Суѓд; АЗ ЊАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ХАТЛОН №3: Гулмањмадов Давлатшо Ќурбона-

лиевич, иљрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон; Рањмонов Абдулѓафор Ќодирович, раиси шањри Кўлоби вилояти Хатлон; АЗ ЊАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ №4: Рањимов Фарњод Ќодирович, Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон; АЗ ЊАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ШАЊРУ НОЊИЯЊОИ ТОБЕИ ЉУМЊУРЇ №5: Сафаров Хайрулло Амиралиевич, директори генералии ЉСК НБО "Роѓун"; Табаров Бобоалї Муродалиевич, раиси ноњияи Турсунзода.

«ХОВАР»


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.