№120

Page 2

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Шанбе, 8 октябри соли 2016

№ 120 (17645)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

2

²èäîÿò³îè Ïåøâîè ìèëëàò-òà¿àññóìãàðè ³à¸òè áîñàîäàò!

Њусни рўзгор ва нерўи иќтисоди миллї Рўйдоди фарњангии даврони соњибистиќлолї! Паёми табрикии Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї бахшида ба Рўзи кишоварзон Њамдиёрони гиромї! Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид» њар сол санаи 8 октябр дар ќаламрави мамлакат Рўзи кишоварзон таљлил карда мешавад. Ривољу равнаќи соњаи кишоварзї барои инкишофи ояндаи иќтисодиёти Тољикистон хеле муњим буда, чун тањкурсии эътимодбахш барои таъмини некўањволии љомеа хизмат мекунад. Асосгузори сулњу Вањдати миллї Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми солонаи хеш соњаи кишоварзиро барои мамлакат яке аз соњањои манфиатовар ва муњимтарин арзёбї намуда, аз љумла таъкид кардаанд: «Яке аз бахшњои пешбарандаи иќтисодиёти Тољикистон ва бо љойи кор таъмин намудани ањолї соњаи кишоварзї буда, рушди он солњои охир дар сатњи устувор ќарор дорад». Дар ин замина, баланд бардоштани маданияти заминдорї, истифодаи маќсаднок ва босамари обу замин ва љорї намудани кишти такрорї аз муњимтарин омилњое мебошанд, ки ба афзоиши мањсулоти кишоварзї мусоидат намуданд.

Дар даврони соњибистиќлолии кишвар дар соњаи кишоварзї дањњо лоињањои давлатии сармоягузорї роњандозї гардида, айни замон татбиќи 9 лоињаи давлатї дар њаљми 1,5 миллиард сомонї идома дорад, ки рушди ояндаи соњаро таъмин хоњад намуд. Бояд гуфт, ки кишоварзони вилоят низ ба хотири афзун намудани истењсоли мањсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолї ва таъмини ањолї бо мањсулоти хушсифат софдилона мењнат мекунанд. Сол аз сол афзудани њаљми мањсулоти умумии кишоварзї ва дар бозорњои хориљи кишвар мавќеъ пайдо намудани мањсулоти истењсоли дохилї аз он шањодат медињад, ки кулли кормандони соња дар шароити муносибатњои нави иќтисодї фаъолияти самаранок мебаранд. Баробари ин, вазъи имрўзаи соња ва талаботи љамъиятї таъмини сатњи баланди рушд, ба амал баровардани тадбирњои зарурї оид ба идома бахшидани таљдиди хољагињо ва корхонањои кишоварзї, инчунин ба фаъолияти њамарўза ворид намудани шаклу усулњои навро таќозо менамояд. Боварии комил дорам, ки корман-

дони соња дар иљрои ин вазифањо њиссаи худро гузошта, барои ѓанї гардонидани дастархони мардум, таъмини бозори ватанї бо мањсулоти кишоварзї, истифодаи самараноки замин ва рўёнидани њосили дилхоњ кўшиш ба харљ медињанд. Тамоми кормандони соњаро бо Рўзи кишоварзї муборакбод намуда, барояшон бахту саодат ва муваффаќиятњои нав ба нави мењнатї таманно дорам. Иди касбї муборак!

Табрики Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї бахшида ба Рўзи Фалак

Њамдиёрони гиромї! Бо маќсади ривољу равнаќ бахшидан ба рушду инкишофи санъати фалакхонї дар ќаламрави кишвар бо њидоят ва дастгирии Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон таљлили Рўзи Фалак санаи 10 октябр ба таќвими љашнворањои мамлакат ворид гардидааст. Муддати 9 сол аст, ки мардуми киш-

вар ва кормандони соњаи фарњанг Рўзи Фалакро њамчун рўйдоди муњими фарњангї хотирмон таљлил менамоянд. Таљлили ин љашн муњимтарин рўйдоди фарњангї дар даврони соњибистиќлолии кишвар мањсуб ёфта, он дар рушди минбаъдаи санъати сарояндагї, мусиќии миллии халќї, тарѓибу ташвиќи эљодиёти бадеї ва фолклору мардумшиносї, ки аз эљодиёти бою рангини халќ сарчашма мегирад, наќши шоиста дорад. Санъатњои ќадимаи миллї, аз љумла Фалак собит месозад, ки миллати тамаддунофари тољик фарњанги бою ќадима, сабки хосаи санъати мусиќї ва сарояндагиро тўли асрњо аз насл ба насл интиќол дода, дар рушди љомеа ва болоравии маънавиёти мардум наќши амиќ гузоштааст. Дар вилоят низ бобати амалї намудани дастури Сарвари давлат љињати ташкил намудани ансамбли фолклорїэтнографии “Фалак” ва ба роњ мондани фаъолияти њунариву эљодии он бо фароњам овардани шароити мусоид тадбирњои мушаххас амалї гардиданд.

Ôåñòèâàë-îçìóí

ОШИ ПАЛАВ-ЗЕББАХШИ ДАСТАРХОНИ ТОЉИК Бегоњии санаи 5-уми октябр мењмонон ва мардуми хурду бузурги шањру навоњии вилоят бо рўњи болидаву табъи хуш ба Маљмааи фарњангию таърихии Боѓи Камоли Хуљандї маркази вилояти Суѓд љамъ омада буданд. Он рўз дар ин мавзеи зебоманзар бо маќсади ташвиќу тарѓиби фарњанги рўзгордорї, эњё ва рушди анъана ва суннатњои мардумї ва дар доираи чорабинињо бахшида ба 25-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор шуд. Љоизи ќайд аст, ки фестивали мазкур бо ибтикори Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї баргузор гардид. Бино ба гуфти масъулин, бањри боз њам шавќовартару њавасманд намудани иштирокчиён имсол дар кори фестивал дигаргунињо, аз ќабили номинатсияњои «Дастони моњир», «Табаќи зеботарин ва калонтарини миллї», «Сањнача намоиши фарњангии бењтарин» ва «Дастархони бењтарин» ворид шудааст. Дар фестивали «Оши палав» имсол 36 деги ош гузошта шуда, њар як ошпаз вазифадор гардид, ки аз 6 килограмм биринљ оши палави миллї омода кунад. Ошпазони шањру ноњияњои Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Љаббор Расулов дар алоњидагї аз 30 килограмм биринљ оши палав омода намуда, онро ба зиёда аз 1 500 нафар камбизоатон таќсим намуданд.

Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Қодирї бо њамроњии иштирокчиёни Машварати омўзишии адибони љумњурї ба Маљмааи фарњангию таърихии “Қалъаи Хуљанд” омада, бо љараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни озмун шинос гардид. Љоиз ба таъкид аст, ки дар фестивали мазкур мењмонон аз минтақањои гуногуни Тољикистон, аз љумла шањри Душанбе, намояндагони корпусњои дипломатї, ташкилотњои байналмилалї, шахсиятњои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонањо, иштирокчиёни Машварати омўзишии адибони љумњурї ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд. Њамчунин, он рўз масъулини шањру навоњии вилоят дастархони идонаро бо тарзи хоса ороста, таомњои лазизи гуногуни миллиро пешкаши иштирокдорон намуданд. Дар гўшаи дигари маљмаа бошад, њунармандону санъаткорони шањру ноњияњои вилоят бо суруду оњангњои марѓуби хеш табъи њозиринро болида гардониданд. Кифоят Азизбоева 20 сол инљониб њамроњи шавњараш ош мепазаду дар ноњияи Зафаробод палави пухтаашон бо номи «Оши Зулфиќор» машњур аст. Ба фестивали «Оши палав» бо дастовези арзанда - ќимапалов омадаасту мехоњад, мањсули дастонашро мењмонону иштирокдорони ин чорабинии муњим низ чашида бошанд. Дар мавриди ба даст овардани ѓолибият Кифоятхон маќолеро ба забон овард, ки «Аз ту њаракату аз ман баракат» унвон дошт. Хурсандиовар он аст, ки имсол иштирокчии озмуни ошпазї духтари хонадон Зарринабону низ бо оши палави гўшти гўсфандї њамагонро шод гардонид. Зеро ин духтараки чаќќону моњир дар баробари хатми донишгоњ бо квотаи Президентї инчунин, аз падару модари худ њунари кадбонугї омўхта, дар озмун ширкат варзид. Ситорахон Юсуфова бори аввал аст, ки дар фестивали «Оши палав» иштирок карда, њунари хешро манзури тамошобинон гардонид. Ситора-

хон арўси хонадони Юсуфовњо аз Љамоати шањраки Палоси шањри Бўстон буда, њанўз аз арўсиаш се моњ нагузаштааст. Бо њидояти падарарўсу хушдоман дар номинатсияи Оши наварўси фестивал бо палави серсабзию сергўшт худро муаррифї кард. Ў шукргузор аз он аст, ки ба хонадони соњибмаърифат арўс шудааст. Дар чойхонаи «Наврўз-1»-и шањри Ќайроќќум њамарўза оши серравѓану хушмаззае мепазанд, ки ошпази номї Олимљон Ќурбонов барои мизољонаш омода мекунад. Оши хуштаъму гуворои палави чойхонаро махсусан калонсолон интизорї мекашанду баъди тановули он ба пазандааш ањсант мехонанд. Зеро ошпаз дар баробари равѓани дунбаю гўшти гўсфанд ба оши палав нахўду зира, мурчу ќароќот, сирпиёзу дигар мањсулоти хуштаъмкунандаро њамроњ мекунад. Хайём Бобомуродов бори дуввум аст, ки дар фестивали «Оши палав» иштирок мекунад. Њарчанд ў соли гузашта њамроњи таѓоиаш дар фестивал ош пухта буду њамчун ёрирасон таѓоиашро њамроњї мекард, имсол хост, мањорати худро дар палавпазї санљад. Оши палави панљакентї, ки дар зер биринљу болои он бо зарљомаву гўшту ќазї, сирпиёзу ќавурдоѓ ва зираву нахўд ороиш дода шуда буд, аз дигар палавњо фарќ мекард. Заррина Сатторова љавондухтари моњирест, ки њунари кадбонугиро аз модараш омўхтааст. Ў аз байни садњо љавондухтарони ноњияи Спитамен љуръат кардааст, ки иштирокчии фестивал бошад ва мањораташро дар ошпазї нишон дињад. Оши паловро бо равѓани гўсфанд чунон бомањорат пухтааст, ки иштињои кас ќозгир мегардад. Зарринабону њарчанд љавон аст, аммо тавассути мањорати кадбонугиаш писанди њамагон гаштааст. Ў аз синни дувоздањсолагиаш аз модар пухтани таоми миллиро омўхтааст. Аз он шод аст, ки аъзои њакамон аз байни чандин нафар љавондухтарон ўро дар ќатори нафарони ѓолиб муаррифї намудаанд. Минбаъд ин духтараки зебо кўшиш

мекунад, ки пухтани намудњои гуногуни оши палов ва дигар таомњои миллии тољикиро ба дараљаи аъло омўзад. Ôèðäàâñ Îõóíîâ - ñîêèíè íî³èÿè Ìàñò÷î³: - Оши пухтаи Кифоятхонро, ки бо номи Оши Зулфиќор машњур буду нахўрда будем, боњавсала тановул кардем. Иќрор мешавам, ки дер гоњ чунин палови бомаззаро нахўрда будам. Агар чунин намебуд, дар муддати 3-5 даќиќа ош ба итмом намерасид. Ба он кас гуфтам, ки агар гузорам ба ноњияи Зафаробод афтад, њатман ба ошхўрї меравам. Äèëáàð Ìàðà¿àáîâà –îì¢çãîð àç íî³èÿè Áîáî¿îí Fàôóðîâ: - Боѓи ба номи Камоли Хуљандии маркази вилоятро он ќадар зебову ороста дидам, ки аз тамошояш ќалби кас саршори шодиву сурур мегардад. Шиору овезањо, хиёбонњои гулпўшу гулбасар, ошпазњои моњир ва, билохира, табиати зебою афсонавии идљойро дида, пиндоштам, ки дар боѓи афсонавии Ирам сайругашт дорам. Шукргузорам, ки кишвари офтобрўяи мо гулбасар мегардад. Бошад, ки дар фазои сулњу оромї ва ободї умр ба сар барему арзандаи ин давлату миллати кўњанбунёд бошем. Êðèñòèíà Ìèðîíîâà-øà³ðâàíäè øà³ðè Ñàíêò - Ïåòåðáóðãè Ôåäåðàòñèÿè Ðóñèÿ: -Чанд рўз ќабл бо таклифи дўстони тољикам мењмони шањри Хуљанд шудам. Шањр худ санги ќиматбањоеро мемонад, ки бо таљаллияш атрофро мунаввар гардондааст. Зиёда аз ин баргузории Фестивал-озмуни «Оши палав» дар рўзи таљлили Иди забони давлатї ба њусни шањр таровати бештаре бахшидааст. Дар бораи мењмон- дўстии тољикону тољикистониён борњо шунида будем. Омадем ва дидем, ки мардуми тољик мењмондўсту мењмоннавоз будаанд. Боз дар як љо сарљамъ омада, шодиву хурсандї намудани онњо њайратамонро дучанд афзуд. Бо ин ќадар зебоиву шукўњу шањомат ва мардумдўстиву мењмоннавозї месазад, ки тољикон дар ќатори давлатњои машњури дунё љой дошта бошанд. Àòî Ìèðõî¿à, ìóîâèíè ðàèñè Èòòèôî¥è íàâèñàíäàãîíè Òî¿èêèñòîí, øîèð: - Хуљандшањрро аз пештара ободтар, мардумашро мењмоннавозу болидахотир дарёфтам.

«Оши палав» шодбош гуфта, изњор дошт, ки оши палов ё худ палав — таоми миллии тољикон ба њисоб рафта, он аз қадимулайём хўроки дўстдоштаи мардуми тољик мебошад. Имрўз дар минтақањои гуногуни вилояти Суѓд, аз љумла шањри Хуљанд чанд намуди паловпазї маълум аст. Сипас, дар вазъияти тантанавї барои иштирокчиён аз рўи номинатсияњои муайянгардида ошпазњои бењтарин ва дигар масъулин бо диплому мукофотпулињо таќдиронида шуданд. Ба иштирокчиёни бењтарини Фестивали “Оши палав” аз рўи бахшњои “Оши палави бењтарин” — 5000 сомонї (ѓолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панљакент), “Ошпази касбии бењтарин” – 3 000 сомонї (ѓолиби бахш Мирзобарот Рањимов аз Хуљанд), “Ошпази бењтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Зикриё Холиқов аз Исфара), “Ошпази бењтарин байни занњои калонсол” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Санавбар Зоњидова аз ноњияи Љаббор Расулов), “Ошпази бењтарин байни мардон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Аюб Бурњонов аз ноњияи Деваштич), “Ошпази бењтарин байни занон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Кифоят Азимбоева аз Зафаробод), “Ошпази бењтарин байни домодњо” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Дилшод Дадобоев аз Кўњистони Мастчоњ), “Ошпази бењтарин байни арўсон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Зар-рина Сатторова аз ноњияи Спитамен), “Ошпази бењтарин байни љавонписарон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Қаюм Исмонов аз Конибодом), “Ошпази бењтарин байни љавондухтарон” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Дилноза Султонова аз шањри Гулистон), “Ошхўри бењтарин” – 2 000 сомонї (ѓолиби бахш Рустам Худойназаров аз ноњияи Бобољон Ѓафуров), “Табақи калонтарин ва зеботарини миллї” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш шањри Истаравшан), “Сањнача, намоиши фарњангии бењтарин” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш шањри Истиқлол), “Дастони моњир” – 1000 сомонї (ѓолиби бахш Мелибой Сатторов аз ноњияи Ашт) диплому мукофотпулињо супорида шуд. Он рўз њамагон бо шукргузорї аз даврони пуриву осоиштагї бо кўдакону ањли хонадони хеш дар ин мавзеи хушманзари таърихї-фароѓатї гаштугузор мекарданд. Рўзи баргузории Фести-

Дар санъати фалаксарої орзуву ормонњои халќ – созандагиву бунёдкорї ва њидоят ба зиндагии арзанда, намунањои бењтарину нотакрори рўњбахш, инсонњоро ба кору пайкори нек, амалњои наљиб ва нисбат ба њамдигар њалиму мењрубон гардонанда таљассум ёфтааст. Итминон дорем, ки дўстдорону алоќамандон ва санъаткорони вилоят, ањли њунару эљод љавобан ба дастгириву ѓамхорињои роњбарияти мамлакат дар самти рушди соњаи фарњанг, дар тарбияву камолоти истеъдодњои нав ва љустуљўву бозёфти бењтарин намунањои назмиву мусиќии санъати Фалак ба комёбињои арзанда шарафёб гардида, барои боз њам ѓанї гардонидани барномањои њунариву эљодї ва ба ин васила сањмгузорї дар рушд ва ободии Ватани азизамон – Тољикистони соњибистиќлол сањми назаррас мегузоранд. Рўзи Фалак барои кулли санъаткорон, алоќамандони санъати фалаксарої муборак бошад! Иди касбї муборак!

ÎØÈ ÏÀËÀ ÌÎËÈ ÒίÈÊÎÍ ÀÑÒ! Љўрабек МУРОДОВ: «Абўали ибни Сино оши паловро омода кардааст! »

Љўрабек Муродов, Њунарманди халќии Иттињоди Шўравї дар пасманзари бањсњо атрофи оши палав гуфт: Ин ѓизо моли тољикон буда, онро бори нахуст Абўалї ибни Сино омода кардааст. Љўрабек Муродов ин нуктаро дар як мањфил иброз дошта, афзуд, ки атрофи оши палов њар хел гапњо мегўянд: «Аммо ошпазњо бояд донанд, ки ин навъи таомро Сино омода карда, ин тољикист». Ў шарњ дод, ки «О-об, Ш-шолї, П-пиёз, А-аёз, Л-лањм, О-оташ, В-вед» будааст. Њунарманди халќии Иттињоди Шўравї ба ошпазњо тавсия дод, дар њар куљое-хоњ Русия, хоњ Ўзбекистон ва ё љойи дигар, ки ош пазанд, бигўянд, оши палав тољикист. Нурмуњаммад НИЁЗЇ

ОШАТ ЊАЛОЛ, ЊАМВАТАНАМ! Ѓам сарбурида шуд, ки замони дигар расид, Шодии мо ба даргањи Шамсу Ќамар расид. Фатњу кушоиш аст зи мардум њазор ранг, Бар нусрати диёр њавас мекунад Фаранг. Аз њар даре ба гўш расад бонги хуррамї, Зеро баланд шуд ба Ватан ќадри одамї. Аз Пешво расид, чунон базм офарем, Мо соњиби саодати њар рўзи кишварем. Дар боѓи њазрати Камол аз рўйи анъана Пайдост иди оши палав ѓарќи тантана. Ин оши панљакентиву ин оши Исфара, Бўйи хушаш биёварад бар љони кас фарањ. Ин ош аз Кулангиру Рўмону Пулчуќур, З-он як-ду каф агар хурї, дил мекунад њузур. Ин ош аз Деваштичу ин аз Спетамон, Фарќаш казої аст, чунонанд дилситон… Канди куњан ба оши палав њаст дилпазир, Масчоњро нигар, чї ќадар ош беназир. Оши Хуљанд аз њама ош аст хубтар? Бо ман биёву дони гурунљаш бикун назар. Оши арўс дигару оши шањи љавон, Аз оши пир хўр, набувад он зараррасон. Дар њар кадом неъмати боѓи бињишт њаст, Нону насиби мо зи хати сарнавишт њаст.

Дар Рўзи забони тољикї баргузор гардидани фестивали «Оши палав» басо рамзї буда, таљлили ин ид барои њар як тољику тољикистонї фархунда бошад. Хушњолонаву тањтидилона истиќбол намудани мардуми Хуљандшањр бори дигар собит сохт, ки тољикон мењмоннавоз буданду њастанд ва чунин мемонанд. Фестивали мазкурро муовини Раиси вилоят Анвар Яъќубї љамъбаст намуда, бори дигар њамаи мењмонону сокинони вилоятро бо Иди

вали «Оши палав» Боѓи соњили Сир саросар фарањафзо, дилнавоз, сурурангез буд. Дилњо шод, шавќњо афзун ва чењрањо шукуфон буданд. Фестивали ѓайриоддї дар сурат ва сирати мардумони мо њамчун оина таљассумкунандаи маърифат, муњаббат ва назокат буда, дар хотирњо наќш гузошт. Шоира САЛИМОВА, Маъмурахон САМАДОВА, «Њаќиќати Суѓд»

Ошат њалол, њамватанам, зўри нав бигир, Худро нишон бидењ, ба амал њам ту беназир. Сайњун надидааст чунин рўзу рўзгор, Ин гуна рўз боз расад садњазор бор. Бал садњазор сол ва з-он њам зиёдтар, Рањ ёфтан чунин бувад, эй халќи пурњунар!


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.