ҲАҚИҚАТИ СУҒД №108 07.09.2021

Page 1

Эмомалї РАЊМОН: Мо имрўз метавонем бо ифтихор изњор намоем, ки мардуми шарифи Тољикистон дар ибтидои истиќлолият аз имтињони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соњибихтиёриву соњибдавлатї ва бо зањмати содиќона сарзамини аљдодии худро соњибї карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд. Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Сешанбе, 7 сентябри соли 2021

№108 (18413)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

ЭЪЉОЗИ ДАСТИ ДЕЊЌОН - ФАЙЗИ ДАСТАРХОН Äàð ìàðêàçè âèëîÿò íàâú³îè ãóíîãóíè òàðáóç, õàðáóçà, àíãóð âà äèãàð ìà³ñóëîòè êèøîâàðçO áà íàìîèøó ôóð¢ø ãóçîøòà øóä

Санаи 4 - уми сентябри соли равон дар саҳни Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят дар доираи чорабиниҳои идона намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир шуд. Дар чорабинии мазкур, ки ҳадаф аз баргузории он тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва мубодилаи таҷрибаи деҳқонони минтақаҳо аст, кишоварзони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

СЇ СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ ВА ЌАДАМЊОИ УСТУВОР Санаи 4 - уми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ифтитоҳ намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни су‐ ханронӣ кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби халқии демокра‐ тии Тоҷикистонро ба ифтихори 30 ‐юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош на‐ муда, аз ҷумла зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар давоми ма‐ вҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳaд. Ин ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис‐тон муҳ‐ тарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ карда, тaвонист чун ҳизби бонуфуз ва татбиқгари ғояҳои миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Боиси ифтихор аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, аъзои ҳизб, дар раванди ободкориву тарғиби дастовардҳои дав‐ рони соҳибистиқлолии кишвар нақши муассир мебозанд. Алҳол, дар 1389 ташкилоти ибтидоии кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои вилоят 154 ҳазору 546 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст, ки бешубҳа нерӯи хеле бузург зеҳниву мафкуравӣ мебошад. Мавсуф дар идомаи суханронӣ аз обо‐ дкориву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи фар‐ хунда ҳарф зада, афзуд, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар бунёду азнавсозии иншооти таъиноти иҷти‐ моӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, роҳу пулҳо, корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва инфрасох‐ тори сайёҳиву хизматрасонӣ бомаром идома доранд. Дар ви‐

лояти Суғд низ то имрӯз 98 фоизи нақшаи корҳои бунёдко‐ рию созандагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ ба иҷро ра‐ сида, корҳои боқимонда дар арафаи ин санаи муқаддас анҷом дода мешавад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолон, собиқад‐ рони ҳизб, бонувон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷаво‐ нон “Созандагони Ватан” даъват ба амал овард, ки дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тан‐ зими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тар‐ бияи фарзанд», роҳ надодани ҷалби наврасону ҷавон ба таъ‐ лимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дар ин замина, баланд бар‐ доштани эҳсоси худшиносӣ боз ҳам фаъолтар бошанд. Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади хеш ба фаъолияти ҳизбиёни вилоят дар роҳи иҷрои ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳои баланд дода, аз номи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ кулли аъзо ва пайра‐ вони ҳизбро бо ин ҷашни баҳамоӣ муборакбод намуд. Дар идомаи маҷлиси тантанавии идона ба як қатор фаъ‐ олони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипос‐ номаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кумитаи иҷ‐ роияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд. Сипас, бо пешниҳоди барномаи идонаи фарҳангӣ чорабинии ҳизбиёни вилоят бахшида ба 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни хо‐ тима ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба идгоҳ ташриф оварда, зимни боздид аз намоиши мазкур ишти‐ рокдорон ва дар симои онҳо тамоми ки‐ шоварзони вилоятро ба ҷашни 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароя‐ шон бахту саодат, фаровонии рӯзгор, ба‐ рори кору хушиҳои ҳаётро таманно кард. Қайд карда шуд, ки ба шарофати Ис‐ тиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарва‐ ронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои фарҳанги миллии мо аз нав эҳё гардида истодаанд. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки бар‐гузории ҷашнҳои кишоварзӣ, ки баён‐ гари фаровониву хуррамии рӯзгор ва рӯҳу нерубахши марди деҳқон аст, таҳти тав‐ ваҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Гуфта шуд, ки иди деҳқонон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқ‐ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории фестивал ‐ на‐ моиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 баргузор мегардад. Дар иди мазкур кишоварзон аз тамоми минтақаҳои вилоят ширкат варзида, бо пешниҳоди маҳсулоти барои дастархони мардум зарурӣ фаъолона ширкат доштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят, тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, соли 2021 зироатҳои полезӣ дар майдони 5 ҳазору 622 гектар кишт гардида, аз ин ҳисоб то 1 августи соли равон беш аз 68 ҳазору 240 тонна маҳсулот истеҳсол карда шудааст ва маъракаи ҳосилғундорӣ ҷараён дорад. Ҳосилнокии харбузаву тарбуз дар за‐ минҳои обёришаванда 30–35 тонна аз ҳар гектарро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба дигар зироатҳо даромаднокии иқтисо‐

САДОЌАТ БА ВАТАН - РИСОЛАТИ ФАРЗАНДЇ Áîçäèäè Ðàèñè âèëîÿò Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà àç ¥èñì³îè íèçîìèè ìóñòà¥àð äàð íî³èÿè Áîáî¿îí Fàôóðîâ

Санаи 3 ‐ юми сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд аз қисмҳои низо‐ мии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ға‐ фуров боздид кард. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ша‐ роити хизмати афсарону сарбозон шинос гар‐ дида, фарорасии ҷашни таърихии 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳомиёни Ватан табрик гуфт. Қайд карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар таъмини амнияти давлату миллат нақши калидӣ дошта, аз ҷониби Ҳукумати

мамлакат барои адои хизмат шароити за‐ рурӣ фароҳам оварда шудааст. ‐Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда бу‐ данд, ки "амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавон‐ мардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии

ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи корман‐ дони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебо‐ шад". Мо боварии комил дорем, ки шумо минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро мекунед, ‐ иброз дошт Роҳбари вилоят. Дар ин рӯз ба қисмҳои низомӣ аз ҷо‐ ниби Раиси вилоят маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

дии калонро таъмин карда метавонад. Токпарварӣ низ яке аз соҳаи асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз ҳазор‐ сола дорад. Навъҳои гуногуни хушсифати ангури дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Халқи тоҷик аз қадимулайём навъҳои хушсифату хушмаззаи ангурро офарида, аз насл ба насл боқӣ гузоштаанд. Ҳоло дар боғоти шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 190 навъу намунаҳои гуногуни маҳаллӣ ва

‐Истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти ки‐ шоварзӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳо‐ силнокӣ ва васеъ кардани майдони кишт мувофиқи мақсад аст, ‐ иброз дошт Роҳ‐ бари вилоят ва изҳори боварӣ кард, ки чо‐ рабинии имрӯза боз як қадами устувор дар пешрафти минбаъдаи соҳа мебошад. Дар чорабинӣ навъҳои гуногуни тар‐ буз, харбуза, ангур, каду ва дигар маҳсу‐ лоти кишоварзӣ ба намоишу фурӯш гузошта шуда, гӯшаи тавсиядиҳии оли‐ мону мутахассисон ташкил гардида буд.

зиёда аз 30 навъҳои бурунмарзӣ парвариш карда мешаванд. Масоҳати токзори вилоят беш аз 13,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳосилдиҳанда 11 ҳазору 642 гектар мебо‐ шад.

Дар охир ба намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки фаъолона дар чорабинӣ ширкат варзиданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АРЉГУЗОРЇ БА ЗАЊМАТ À¸äàòè ñîáè¥àäîðîí äàð øà³ðè Á¢ñòîí

Дар арафаи ҷашни Истиқлол Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно кард. Роҳбари вилоят фарорасии ҷашни мубораки 30‐со‐ лагии Истиқлоли давлатии Ҷум‐ҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорон табрик гуфта, аз саҳми онҳо дар пеш‐ рафти хоҷагии халқ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо‐ малӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гар‐ дида, зери роҳбарии Пешвои миллат ва меҳнати шабонарузии фарзандони содиқи Ватан сатҳи зинда‐ гии мардум бамаротиб беҳтар шуд. Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

30 - солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистонро бо дастовардњои арзанда истиќбол мегирем!

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД


2

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

C ешанбе, 7 сентябри соли 2021 №108 (18413)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Ñàð¿àìúèâó ìóòòà³èä= ðóøäè áîñóáîòè êèøâàð Ñàôàðè êîðèè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó>ä Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà áà íî³èÿè Äåâàøòè÷

ОМИЛИ РУШДИ МИНБАЪДАИ СОЊА Áà õî¿àãè³îè êèøîâàðçèè íî³èÿè Äåâàøòè÷ 18 òðàêòîð òà¥äèì øóä Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» имрӯз боз 18 трактори тамғаи МТЗ-82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд. Дар маросими супоридани техникаҳои кишо‐ варзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Су‐ лаймон Зиёзода, директори лоиҳаи «Рушди чор‐ водорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ва кишоварзон иштирок доштанд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъ‐ кид кард, ки бо дастгирӣ ва ибтикори неки Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бобати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешида меша‐

ванд. Дар ин раванд соҳаи кишоварзӣ низ ис‐ тисно набуда, бахусус ҷиҳати рушду пешравӣ ва беҳдошти хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи таъминот бо техника чораҳои за‐ рурӣ амалӣ мегарданд. Яке аз масъалаҳои муҳим ин таъминоти кишо‐ варзон бо техника ва таҷҳизоти муосир мебошад. Алҳол дар ҳудуди вилоят дар ҳамаи бахшҳои хоҷа‐ гидорӣ зиёда аз 4622 трактори шудгоркунанда омо‐ даи кор буда, дар давраи кишту кори зироатҳои кишоварзӣ самаранок истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки барои сари вақт ва дар муҳлати оптималӣ гузаронидани қоидаҳои агро‐

техникии зироатҳои кишоварзӣ, бахусус шуд‐ гори замин тракторҳои шудгоркунанда нақши муҳим доранд. Танҳо давоми 4 соли охир бо дастгирии Корхо‐ наи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагроли‐ зинг» ва мусоидати ташкилоти мазкур ба вилояти Суғд 98 трактор, 193 мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд ва дар ин самт якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Илова бар ин, соли равон аз тарафи хоҷагидорон 136 трактори гуногунтамға барои баҳрабардорӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ворид гардид. Боиси зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби шари‐ кони рушд ҷиҳати ворид намудани техникаи кишо‐ варзӣ ва мошинолот ба хоҷагидорони мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда мешавад. Аз ҷумла, соли 2020‐ум аз ҳисоби татбиқи

²àìîâîç= áà Ìóðî¿èàòíîìà

МУАЛЛИФИ ЛОИЊАИ СУЛЊ ДАР САЙЁРА Дар рӯзҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, хоса аҳли илму маориф, донишмандону олимон, сиёсатмадорону ходимони давлативу ҷамъиятӣ фурсати мувофиқе мешавад, ки рӯйдодҳои нодири ин давраи муҳими таърихиро таҳлилу баррасӣ намуда, бо нигоҳи дигар ба воқеаҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ва самараҳои ин даврон таваҷҷуҳ намоянд. Баргузории конфронси илмӣ‐ амалии “Тоҷикистон дар масири Истиқлол”, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, яке аз чунин чорабиниҳои муҳими илмӣ‐ амалӣ ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама аҳли илми вилоят, хоса муаррихону муҳаққиқони риштаи таъ‐ риху ҷомеашиносиро барои талош ва кӯшиш дар ши‐ нохти дастовардҳо, мушкилоту муаммоҳо ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, марҳалаҳои аслии ташаккули Ис‐ тиқлоли миллӣ, хидматҳои барозандаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ раҳнамоӣ намуд. Дар ҳамоиш муҳаққиқони ҷомеашинос ва оли‐ мони риштаи таърих аз саросари кишвар иштирок доштанд ва якдилона бо қабули муроҷиатномаи мах‐ сус ба хидматҳои нотакрор ва ҷовидонаи Пешвои мил‐ лат барои расидан ба имрӯзи босаодат ишорат намуда, таъкид доштанд, ки бояд имрӯз ҳар як фарди бедор‐ дил, ватандӯст ба қадри ин неъмати бузург – истиқ‐ лоли миллӣ расида, барои ба наслҳои фардо интиқол ёфтани он кӯшишу ғайрати хешро сарф намояд. Хулосаи ниҳоии ин муроҷиатнома ба он таъкид ме‐ варзид, ки бо назардошти хидматҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон, таҳ‐ кими истиқлоли миллӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар таъ‐ мини сулҳ дар минтақа, ширкати фаъолона дар ҳаллу фасли муаммоҳои умумиҷаҳонӣ, хосатан, чаҳор пеш‐ ниҳоди ҷаҳонӣ оид ба масъалаи об номзадии ин абар‐ марди сиёсати ҷаҳони муосир барои соҳиб шудан ба ҷоизаи Нобел дар ҷодаи таъмини сулҳ дар минтақа ва сайёра пешниҳод карда шавад. Ин пешниҳоди сари‐ вақтӣ ва қобили дастгирӣ худ, пеш аз ҳама, баёнгари он аст, ки Пешвои муаззами миллат дар баробари ман‐

зури тарҳҳои ҷаҳонии ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, хоса таъмини амният ва субот дар рӯи замин, барно‐ маҳоеро рӯи даст гирифтаву ба ҷаҳониён манзур наму‐ данд, ки дар онҳо тақдири инсоният ҳаллу фасл мешавад. Ин барномаҳои дарозмуддати ҷаҳонӣ алла‐ кай чандин самараҳои матлуб ба бор овардаанд, ки дар натиҷа ҷомеаи муосир ба шахсият ва андешаҳои созан‐ даи Пешвои миллати мо баҳои баланд дода, ибтикор ва ташаббусҳои эшонро бо чандин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ тақдир намудааст. Яке аз онҳо ба ҷоизаи “Пешвои асри ХХI» сазовор дониста шудани Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо мебошад, ки ин нукта дар баромади Раиси ви‐ лоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ таъкид ёфт. Мо - намояндагони аҳли зиё, олимону устодон, кормандони соҳаи маориф ин ташаббус ва пешниҳоди мазкурро бар Муроҷиатномаи иштирокдорони конфронс якдилона дастгирӣ мекунем ва бо камоли иродат ва ихлос изҳор медорем, ки бо он ҳама хидматҳои бузург, талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар ҷодаи таҳкими истиқлоли миллӣ, хоса эҷоди сулҳ ва ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин сиёсатмадори тавоно ва шахсияти барҷастаи асри имрӯз шоистагии онро доранд, ки ба бузургтарин ҷоизаҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла Ҷоизаби сулҳи Нобел сарфароз гардонида шаванд. Аюб УСМОНОВ, доктори илмҳои таърих, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дар ҷаласаи Шӯро ҳолати иҷрои қо‐ нунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризм, шомил‐ шавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иф‐ ротӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб кардани ноболиғон ва ҷавонон дар фаъолияти мақомоти марбута дар соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Раёсату шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳо‐ кимияти давлатии вилоят, сардорон ва шахсони масъули мақо‐ моти амният ва корҳои дохилӣ ширкат доштанд. Ҷаласаро прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи да‐

Зикр кардан бамаврид аст, ки вориди техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолотҳо ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, бахусус сари вақт гузаронидани киштукор ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил мусоидат менамояд. ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Ðóøäè ìàîðèô- àñîñè óñòóâîðèè äàâëàò Дар ин айёми пур аз шодиву сурур мардуми кишвар, аз ҷумла маорифчиён бо як ҷаҳон саодату ифтихор сисолагии истиқлолро ҷашн мегиранд. Сӣ сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон чандон фосилаи зиёд нест, вале роҳи дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймуда бо даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.

МАЗМУН ВА МОЊИЯТИ ТАЪЛИМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР Маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоят‐ ҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам‐ оварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳси‐ лот дар саросари кишвар тадбирҳо амалӣ гар‐ диданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқло‐ лии кишвар на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ гардо‐ нида шуданд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафтанд. Дар соли ҷашни бузурги миллат аз буҷа ба соҳаи маорифи вилоят 1 миллиарду 116 мил‐ лиону 934 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин назар ба соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебо‐ шад. Барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани санаи бузурги таърихӣ дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорию созандагӣ мардуми сар‐ баланди кишвар, аз ҷумла маорифчиёни ви‐ лоят сидқидилона саъю талош варзиданд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумо‐ раи мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 702 то ба 938 адад, теъдоди хонандагони мактаб‐ ҳо аз 409,6 то ба 565 ҳазору 231 нафар ва омӯз‐ горони мактабҳо аз 30,7 ҳазор то 40 ҳазору 85 нафар расид. Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15 фоиз, дар Маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизи теъдоди умумии кӯдаконро ташкил ме‐ диҳад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯ‐ дакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои муассир рӯи кор меоянд. Соли таҳсили гу‐

ЧОРААНДЕШЇ - БАЊРИ ИЉРОИ ТАЛАБОТ

Дар прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳти роҳбарии раиси Шӯро-прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ баргузор гардид.

лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон 16 трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайни ғалладарав ба хоҷагидорон дастрас гардида буд. Дар доираи таҷлили 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи тат‐ биқи лоиҳа имрӯз боз 18 трактори тамғаи МТЗ‐82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд.

раҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ оғоз намуда қайд кард, ки ҳолати иҷрои қо‐ нунгузорӣ дар самти мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризм, шомил‐ шавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иф‐ ротӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб кардани ноболиғон ва ҷавонон зери назорати доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016‐2020 ҳам‐ чун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиё‐ сати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян мена‐ мояд. Вобаста ба ин масъала ахбороти сардори шуъбаи муқови‐ мат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд, мушо‐ вири адлияи дараҷаи 2 Саидзода Иброҳим Тӯйчӣ ва баёноти

зашта хонандагони вилоят дар даври ҷумҳу‐ риявии олимпиадаҳои фаннӣ сарбаландона иштирок намуда, сазовори 476 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 279 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳандаи дуюм дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. 74 нафар хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлатҳои Туркия ва Ҷумҳурии Қа‐ зоқистон, 3 нафар ғолиби олимпиадаи байнал‐ милалии лоиҳавии Олмон ва 773 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фо‐ силавии давлатҳои Федератсияи Россия, Ам‐ рико, Таиланд, Хитой ва Эрон гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020‐2021 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят бо медали тилло ва 3 нафар бо медали нуқра сарфароз гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 13 нафар зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҷамъбасти 42‐юмин Сессияи Академияи хурди илмҳо 31 нафар хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба узви пайвастаи (узви ҳақиқӣ – Шоҳҷоизаи озмун) Академияи хурди илмҳо соҳиб шуда, 68 нафар узви вобаста гардиданд. Ҳамчунин, 103 нафар дар бахшҳои мухталиф соҳиби мақоми аввал, 56 нафар соҳиби мақоми дуюм, 61 нафар соҳиби мақоми 3‐юм гардида, 31 нафар бо Иф‐ тихорномаи Академияи миллии илмҳо қадр карда шуданд. Бо ба даст овардани ин нишон‐ диҳанда дастаи вилояти Суғд мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ соҳиб гардид. Намояндагони вилоят дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сарбаландона иштирок намуда, Шоҳҷоизаи озмун насиби Раъно Нас‐ риддинова ‐ хонандаи синфи 11‐и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28‐и шаҳри Пан‐ ҷакент гардид. Алҳол давраҳои якум ва дуюми озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва

роҳбарони субъектони амаликунандаи мубориза бар зидди ҷи‐ ноятҳои террористӣ ва экстремистӣ шунида шуд. Таъкид шуд, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани тайёрии касбии соҳаи мафку‐ равӣ, гузаронидани семинар ‐ тренингҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, ташкили барномаҳои ра‐ диоӣ ва телевизионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҷиҳати пурра ба Ватан баргардо‐ нидани толибилмони дар муассисаҳои таълимоти динии хо‐ риҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуда, дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон, мусоидат ба осон намудани дастрасии қарзҳои имтиёзнок, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ан‐ дешидани чораҳо оид ба танзими раванди муҳоҷират, зиёд кар‐ дани шумора ва ташкили фаъолияти клубҳо, иншоотҳои варзишӣ, китобхонаҳо ва марказҳои маърифатӣ, баланд бар‐ доштани сатҳи донишу маърифати динии имом‐хатибон ва ғайра андешидани чораҳои муассирро талаб менамояд. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаи масъала қарори дахлдор қабул гардида, шахсони масъули субъектони амаликунанда вазифа‐ дор шуданд, ки баҳри иҷрои талаботи дар пеш гузошташуда чораҳои иловагии зарурӣ андешанд. Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти кор‐ ҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар мушовири адлияи дараҷаи 2 М. Қурбонзода изҳор намуд, ки дар давраи таҳлилӣ, муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят 491 адад ин

“Илм‐фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардида, маълум шуд, ки теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Бо мақсади ҳавас‐ мандгардонии хонандагони муассисаҳои таъ‐ лимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, аз ҳисоби буҷети вилоят 191 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нис‐ бати мактабу маориф боис гардид, ки соли 2020 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳу‐ рияӣ Таҳмина Ҳоҷибоева, мураббияи муасси‐ саи таҳсилоти томактабии №8‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон‐2020” ва Дилором Ҷалолова омӯзгори фанни биологияи муассисаи таъли‐ мии давлатии Мактаб барои хонандагони бо‐ лаёқати ҳамин ноҳия дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон ‐ 2020” ба дарёфти ҷои дуюм сазовор гардиданд. Вилоят Болтуева ‐ роҳбари маҳфили дастони моҳири Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамен дар миқёси ҷум‐ ҳурӣ ғолиби озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳ‐ фили соли 2021” гардид.

Ин ҳама дастовардҳо маорифчиёни вилоятро вазифадор менамоянд, ки аз имкониятҳои мавҷуда беш аз пеш самаранок истифода намуда, дар соли таҳсили нави 2021 – 2022 бо ҷаҳду талоши зиёд муваффақиятҳояшонро бештар намоянд. Осим КАРИМЗОДА, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

¯àëàñàè Ø¢ðîè ³àìî³àíãñîç= қабил парвандаҳои ҷиноятиро нисбат ба 612 нафар мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода, аз ин 388 адад нисбат ба 391 нафар ба суд ирсол намуда, бо ҳукмҳои судӣ шахсони гунаҳкор маҳкум гардидаанд. Дар нимсолаи якуми соли равон 149 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин дар як сатҳ қарор дошта, кушодашавии он 97,99 фоизро ташкил ме‐ диҳад. Содиршавии чунин ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спи‐ тамен ва Бӯстон зиёд шудааст. Яке аз сабабҳои зиёд содир шу‐ дани ин намуди ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикргашта ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва сари вақт ошкор накардани ҷиноятҳои авбошӣ ме‐ бошад. Сабаби дигари зиёд ба қайд гирифта шудани ҷиноят‐ ҳои авбошӣ ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз қайд пинҳон кардани ин қабил ҷиноятҳо мебошад.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи мақомоти проку‐ ратураи вилоят ҳамагӣ 64 ҷинояти аз қайд пинҳон‐ монда вобаста ба ҷинояти авбошӣ ошкор ва ба қайд гузошта шудааст.Вобаста ба масъалаи баррасигар‐ дида қарори дахлдор қабул карда шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА, “Ҳақиқати Суғд”


²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

C ешанбе, 7 сентябри соли 2021 №108 (18413)

Òî¿èêèñòîíè îçîäó ñî³èáèñòè¥ëîë Âàòàíè ³àìàè ìîñò!

3

Ñàìàðà³îè 1300 ð¢çè ìå³íàòè çàðáäîð áà èñòè¥áîëè 30 - ñîëàãèè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

Ш

ШУКУФОИЮ ПЕШРАФТ АЗ ИСТИЌЛОЛ

АҲРИ бостонии Хуҷанд аз шаҳрҳои қадимаву обод ба ҳисоб рафта, онро бо ифодаи «Тирози ҷаҳон» низ ёд кардаанд. Шаҳр дорои ёдгориҳои таърихӣ буда, дар он заргарӣ, ҳунармандӣ, расму оинҳои мардумӣ ривоҷ ёфтааст. Доир ба ин шаҳри қадима сарчашмаҳои куҳани таърихӣ маълумоти муҳим дода, онро ҳамчун маркази илму маърифат эътироф кардаанд. Бо назардошти ин ки шаҳр дар канори Роҳи абрешим қарор дошт, ба маркази тиҷорату сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфта буд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумўи ин сарзамини илму ирфон шароити шоистаро рўи кор овард. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафар-ҳои корӣ ба ин шаҳр ташриф оварда, дар расми ба истифода додани иншооти зиёди кору хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, марказҳои тиббию фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, мумфаршкунии роҳҳои минтақавию маҳаллӣ ширкат меварзанд ва чунин тадбирҳои ободонӣ имрўз ин гўшаи мамлакатро боз ҳам замонавию муосиртар гардонидааст. Чун таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат наздик гардида истодааст, тасмим гирифта шуд, ки бо Фирдавс Шарифзода - раиси шаҳри Хуҷанд мусоҳиба доир карда, аз дастоварду муваффақиятҳои назарраси шаҳр дар замони Истиқлол, ки ба яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар мубаддал гардидааст, шиносоӣ пайдо намоем.

- Муҳтарам Фирдавс Шарифзода, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пазируфта шудааст. Айни ҳол дар шаҳр вазъи иҷрои ин ҳадафи стратегӣ чӣ гуна ҷараён дорад? ‐Дар рафти сафарҳо ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии аҳолӣ ба масъулин ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати ободии шаҳр, бунёди иншооти зарурӣ, ободии роҳҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазку‐ нанда дастуру тавсияҳои мушаххас дода, ба корҳои со‐ зандагӣ ҳидоят менамоянд. Тавре дар суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид ме‐ намоянд, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ба ду омили муҳим мусоидат менамояд. Аввалан, бун‐ ёди корхонаҳо ҳадафи Ҳукумати мамлакатро дар самти саноатикунонии кишвар татбиқ менамояд ва дуюм, шаҳрвандонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин ме‐ намояд, ки ин масъала дар сиёсати Ҳукумати мамла‐ кат хеле муҳим мебошад.

- Бояд қайд кард, ки бунёди корхонаҳои саноатӣ яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд чӣ гуна корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

‐Барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар давоми соли ҷорӣ 13 корхонаи нави калону миё‐ наи истеҳсолӣ таъсис ёфта, шумораи умумии корхо‐ наҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расонида шуд, ки қисми зиёди онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мам‐ лакат бунёд гардида, истеҳсолот дар асоси техноло‐ гияи нави муосир сурат гирифта, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазири саноатӣ натиҷаи донишу маҳорат, малакаи кори мутахассисони ватанӣ аст. Бисёр навъу номгўи маҳсулоти саноатӣ, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва талаботи бозори дохилӣ ба он зиёд буд, имрўз дар корхонаҳои шаҳр истеҳсол мешаванд. Масалан, корхонаи “Ариана металл пласт” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба исти‐ фода дода шуда буд, истеҳсоли дучарха, бозичаҳо, фойтунҳо ва ғайра барои машғулияти наврасону кўдакон заруранд, ба роҳ монда, воридоти ин номгўи

маҳсулот коҳиш ёфт ва имрўз беш аз сад нафар со‐ кини маҳаллӣ дар ин корхона бо ҷойи корӣ таъми‐ нанд. Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва им‐ тиёзу имкониятҳо ба истеҳсолкунандагон мусоидат намуд, ки дар ин раванд корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, соҳаи саноат рушд кунад ва ҳамкориҳо бо давлатҳову ширкатҳои хориҷӣ ривоҷ ёбад. Корхонаи муштараки “Арча мебел” дар Минта‐ қаи озоди иқтисодии “Суғд”, ки аз ду коргоҳи металлу пластикӣ иборат буда, истеҳсоли 350 намуд маҳсулот, дару тиреза, мизу курсӣ, таҷҳизоту катҳо истеҳсол карда мешавад. Ин гуна раванди пешрафти истеҳсо‐ лот ба соҳибкорону иқтисоди давлат манфиат оварда, эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳо ва аҳолиро таъмин менамояд.

-Раванди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ барои паст кардани сатҳи молҳои воридотӣ кӯмак менамояд. Оё дар шаҳр маҳсулоти ватанӣ ба талаботи сифатии бозори ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд? Оё онҳо дар ояндаи наздик ҷойҳои маҳсулоти воридотиро иваз карда метавонанд?

‐ Солҳои охир саноатчиёни шаҳр таваҷҷуҳи асо‐ сиро бештар ба истеҳсоли навъу номгўи маҳсулоти со‐ диротӣ, ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ равона карда, маҳсулот бо тамғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлат‐ ҳои ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам устувор ва харидо‐ рони доимии худро пайдо намудааст. Масалан, дар давоми сол ба таври доимӣ содироти меваю сабзавоти коркардгардида ба хориҷи кишвар дар Минтақаи саноатии шаҳр корхонаи коркард, хуш‐ конидан ва бандубасти меваю сабзавот “ Хуҷанд Агро” таъсис ёфт. Аз он ки маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ амсоли пиёзи барвақтӣ, сабзӣ, лаблабую сир‐ пиёз баъди ҷамъоварӣ аз замин муҳлати нигоҳдориа‐ шон кам аст, бо чунин тарз коркарду хушконидан, дар бастаҳои махсус ҷой намудан, то дувоздаҳ моҳ нигоҳ‐ дорию истифода кардан мумкин аст ва дар бозори хо‐ риҷӣ арзиши баланд дорад. Дар корхона маҳсулоти кишоварзӣ аз хушконидан ва то пурра тайёр шудани он бе истифода аз химикатҳо сурат мегирад.

-Оё ба таъсиси корхонаҳо сармояҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд?

‐Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифо‐ дадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳ‐ солӣ зиёда аз 13,8 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намуда ис‐ тодааст. Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ чо‐

раҳои амалӣ андешида шуда, дар ин давра дар шаҳр 15 корхонаи истеҳсолии нав бо назардошти соҳибко‐ рони инфиродӣ, аз ҷумла ҶДММ “Донаи Алмос”, хати нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Хуҷанд Агро”, “Субҳи заррин”, “Нури Имрон”, “Сидқӣ”, соҳибкори инфиродӣ “Абдулҳакимов”, ҶДММ «Сеганҷ», ҶДММ «Дурахшон Суғд», ҶДММ «Чашма Пласт», Воҳиди махсуси ҶДММ КД «Наргис», ҶДММ «Маҳмудшехов Далер», ҶДММ КД «Амир Ко»,ҶДММ «Ширкати ки‐ шоварзии полимерҳои Осиёи Марказӣ», ҶДММ «Покзарф» ва ҶДММ «Суғдиёна Агро» бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ баҳри баланд бар‐ доштани сифати маҳсулоти воридотивазкунанда таъ‐ сис дода шудааст. Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амали‐ шуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 164 нафар шаҳрванд бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

-Ба мо маълум аст, ки дар корхонаҳои саноатӣ дар давоми соли ҷорӣ хатҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Ба роҳ мондани ин гуна тадбирҳо ба бозор ва нархи маҳсулоти истеҳсолшаванда таъсир гузошта метавонанд?

‐Боиси қайд аст, ки бо мақсади баланд бардош‐ тани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр хати нави ис‐ теҳсолӣ бо технологияҳои муосир аз хориҷи кишвар ворид гардида, ба истифода дода шуданд. Ин корхо‐ наҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худро зиёд намуда, ба кишварҳои хориҷӣ содирот намуда истодаанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Донаи Алмос» бо коркарди хушкмева ва мағз, ҶДММ « Хуҷанд Агро» бо коркарди меваю сабзавот, ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бо кор‐ карди нахи пахта машғул буда, онҳо асосан маҳсулоти тайёркардашударо ба давлатҳои Олмон, Кореяи Ҷа‐ нубӣ, Ҷумҳурии Беларусс ва Федератсияи Россия со‐ дирот менамоянд. Ҷиҳати амалишавии занҷираи “ашёи хом ‐ истеҳ‐ соли маҳсулоти ниҳоӣ ‐ бозори фурўш” чораҳои за‐ рурӣ андешида шуда, дар ин давра дар шаҳр се корхона (ҶДММ “Ҷавонӣ”, ҶДММ “Сатн” ва ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”) бо коркарди нахи пахта то истеҳ‐ соли маҳсулоти дўзандагӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҶДММ “Ҷавонӣ” 557,3 тонна, ҶДММ “Сатн” 616 тонна ва дар ҶДММ “Нассоҷӣ Хуҷанд” 216,7 тонна пахтаро коркард карда, ба маблағи 123,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол ва ба маблағи 112,7 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шу‐ дааст. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр панҷ корхонаи коркарди меваю сабзавот ва нўҳ корхонаи истеҳсоли нўшокиҳо фаъолият намуда, аз тарафи онҳо 2049,4 ҳазор қуттӣ консерваҳо ва 312,9 ҳазор дека‐ литр нўшокиҳои ташнашикан истеҳсол шудааст. Инчунин, аз тарафи чор корхонаи коркарди шир, аз ҷумла ҶДММ «Шоҳшир», ҶДММ «Порсои Хуҷанд», ҶДММ «Пешсаф» ва ҶСК «Комбинати шир» дар ин марҳала аз тарафи ин корхонаҳо 3337,4 тонна ва ба маблағи 6,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Чораҳои амалишудаистода аз он шаҳодат ме‐ диҳанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти воридотиваз‐ кунанда афзун гашта, он ба тақвияти иқтидори соҳаи саноат мусоидат намуда истодааст. Дар ин давра ба самти бунёди корхонаҳои истеҳ‐ соли маҳсулоти хўрокворӣ вусъат бахшида, дар натиҷа 4 корхона, ба монанди ҶДММ “Донаи Алмос”, “Хуҷанд Агро”, “Субҳи Заррин” ва СИ “Абдулҳаки‐ мов Ҷ” бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 9 ҳазор тонна маҳсулоти хўрока дар як моҳ таъсис дода шудааст.

-Ҳамаи мо огаҳӣ дорем, ки дар давоми соли ҷорӣ чандин корхонаҳои нави замонавӣ таъсис ёфта, сифати истеҳсолот хеле беҳтар гардид. Барои афзоиши намудҳои маводи истеҳсолӣ нақши корхонаҳои саноатӣ чӣ гуна аст?

‐Баҳри зиёд намудани ҳаҷм ва номгўи масо‐ леҳи сохтмонӣ дар ин давра аз тарафи 31 корхо‐ наи саноатии шаҳр ба миқдори 142,8 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли гузашта 69,3 миллион со‐ монӣ ё 94,2 фоиз ин намуди маҳсулот зиёд гарди‐ дааст. Дар ин давра ба маъмурияти МОИ “Суғд” се лоиҳаи тиҷоратӣ доир ба ташкили коргоҳҳои “Истеҳсоли зарфҳои коғазӣ”, “Истеҳсоли паркет‐ ҳои ороишӣ” ва “Хизматрасонии амалиёти вори‐ дотиву содиротӣ” пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин мавриди омўзиш қарор гирифтааст.Айни ҳол дар ҳудуди МОИ “Суғд” аз тарафи ҶДММ “Оҳанкор” ва ҶДММ “Сомон Кейс” кор‐ҳои сохтмонӣ бобати ба кор андохтани иқтидор‐ҳои мавҷуда ва ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ оғоз карда шудааст. Тибқи лоиҳаи сармоягузории ҶДММ “Оҳанкор” бо коркарди металлҳои дуюмдараҷа маш‐ғул гар‐ дида, ҳангоми ба истифода додани он 100 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи сар‐ моягузорӣ, барои ташкили коргоҳ 2,1 миллион дол‐ лари амрикоӣ ҷалб гардида, то имрўз ба маблағи 1,1 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз рўи лоиҳаи сармоягузорӣ, ҶДММ “Сомон Кейс” бо истеҳсоли ҷузвгирҳои мактабӣ ва занона ма‐ шғул гардида, ҳангоми ба истифода додани он 100 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, барои ташкили коргоҳ 500 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷалб карда шуда, то имрўз ба маблағи 339,1 ҳазор доллари амрикоӣ ко‐ рҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.

-Тавре ҳамаи мо огоҳӣ дорем, чанд сол қабл барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои шаҳр чанд лоиҳаи муҳим татбиқ гардид. Имсол ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад?

‐Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани некўаҳволии мардум бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои муҳим бо шарикони рушд хизматрасониро осон менамояд, ки барои беҳ‐ будии сатҳи зисту зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар шаҳр се лоиҳаи инвеститсионӣ ‐ лоиҳаи идора‐ кунии партовҳои сахти маишӣ шаҳр, рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва лоиҳаи беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нўшокӣ дар шаҳр татбиқ гардиданд, ки дар доираи он корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Шаҳр аз 22 кумитаи маҳалла иборат буда, сокинон асосан дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зин‐ дагӣ мекунанд ва ҳамзамон, ҷиҳати таъмини оилаҳои ҷавон бо манзили зист бо супориши Пешвои миллат ба шаҳрвандон қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гарди‐ данд ва маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд. Дар шаҳр барои таъминоти доимии 54 ҳазор муш‐ тарӣ бо оби нўшокӣ панҷ иншооти обтаъминкунӣ амал мекунад. Татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нўшокӣ дар шаҳр, таъмир ва таҷдиди иншооти партовтозакунии шаҳр, ки мансуби Корхо‐ наи воҳиди давлатии коммуналии «Обуканал» мебо‐ шад, вазъи хизматрасониро беҳтар намуд. Дар назди корхонаи воҳиди давлатии «Обуканал» таҳлилгоҳи махсус таъмир гардида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва барои солимии аҳолию истеҳсоли оби тозаи нўшокӣ мутахассисон ҳамарўза аз ҳар минтақа намуна ги‐ рифта, бо таҷҳизоти зарурӣ ташхис мегузаронанд ва дар баробари ин ҷиҳати дастраснамоии оби нўшокӣ лўлаҳои обгузар нав гардида, барои ба нуқтаи муайян расонидани оби нўшокӣ насосҳои нав насб карда шуд, ки асоси таъминоти доимӣ аз иҷрои корҳои анҷом‐ дода вобаста аст. Баҳри таъмир ва таҷдиди иншооти партовто‐ закунии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 3 миллиону 359 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ра‐ вона гардида, давоми се сол дар баробари таъ‐ мири биною иншооти партовтозакунӣ таъмири ду чоҳи амудӣ, трансформаторҳои нав насб гар‐ дида, хатҳои интиқол дар масоҳати 865 метр нав карда шуданд.Дар иншооти партовтозакунӣ на‐ сосҳои нави пуриқтидор овардаву ба кор андохта шуданд ва ҳамзамон, дастгоҳу таҷҳизоти нав во‐ риду насб шудаанд, ки раванди кор автоматӣ сурат мегирад.

Таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳдошти солимии аҳолӣ, беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ идомаи иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ ‐ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об‐ барои рушди устувор, 2018‐2028» ва дар амал иҷро намудани ҳадафҳои он дар мамлакат мебо‐ шад.

-Маълум аст, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Мехостам, дар атрофи ҳамин масъала аз тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сухан мегуфтед?

‐Шаҳр дар баробари шаҳри қадима будан имрўз бо бунёди силсила иншооти нави фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо тарҳу намои хоса симои хешро дигар карда, боз ҳам ободу зебо мегардад, ки ин нишони фазои сулҳу ободӣ дар мамлакатро медиҳад. Алҳол, як қатор ширкатҳои сохтмонӣ бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо дарназаргирии ҳамаи инфрасохтори заруриро ба роҳ мондаанд. Лоиҳаи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо дар‐ назаргирии ҳамаи омилҳо таҳия шуда, айни замон “Элит сохтмон” панҷ бинои истиқоматиро бо тарҳи хоса анҷом медиҳад, ки қомат афрохтани ин ва дигар биноҳо Хуҷанд ба шаҳри пешрафта табдил меёбад. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои обо‐ донию бунёдкорӣ ба муносибати 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14 ‐ уми июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назар‐ дошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шуда‐ аст. Натиҷаи татбиқи ҳамин гуна нақшаҳо буд, ки дар шаҳр чандин боғҳои фароғату истироҳатӣ, хиёбону гулгаштҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъ‐ миру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ ва байнимаҳал‐ лавӣ, чароғонкунии кўчаҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар давоми солҳои 2018 ‐ 2021 беш аз 497 иншооти гуно‐ гуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мав‐ риди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 97,5 фоизи иншооти ба нақшагирифташуда пурра бунёд гарди‐ данд. Гузашта аз ин, дар ин давра беш 200 иншооти иловагии берун аз нақшаи тасдиқгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳу‐ дуди шаҳр афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ миқдори зиёди лампаҳою шилшилаҳои муосир, рав‐ шанкунакҳои муосири светодиодӣ насбу васл, би‐ ноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, боми биноҳо ва қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2021‐ ум 42,3 километр таъмири роҳҳо, аз ҷумла 31,3 кило‐ метр таъмири асосӣ ва 11 километр таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2021‐ум 22,8 километр роҳҳо таъмир карда шуданд.

Дар маҷмўъ, шаҳри Хуҷанд ва корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва татбиқи босамари ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷандро ҳамчун як маркази бонуфузи саноатӣ табдил додаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА, “Ҳақиқати Суғд”


4

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

C ешанбе, 7 сентябри соли 2021 №108 (18413)

Сайидамин Ҷило

ЉАЛОЛИ ИСТИЌЛОЛ Дар фазои зулоли Истиқлол, Бадр гашта ҳилоли Истиқлол! Нурбахшои шаш ҷиҳат бошад,Шамсмаснад –ҷалоли Истиқлол! Дар замини муқаддаси аҷдод, Сабз бошад ниҳоли Истиқлол! Шодкомӣ бубахшад инсонро Чашмаи инфиоли Истиқлол. Ҳар кӣ бар қадри он агар нарасад, Гирад охир вуболи Истиқлол. Авҷи иқбол мебарад моро,Бас қавияст боли Истиқлол! Ваҳдату амну сулҳ агар боқист, Ҳеҷ набвад заволи Истиқлол! Тоҷикистон – ҷавони нерӯмандҲаст сӣ сол- соли Истиқлол! Роҳи ӯ роҳи ҳақ бувад, фардо Мерасад бар камоли Истиқлол! Орзуву умед афзояд,Бо Ҷило шуд ҷамоли Истиқлол!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тогҷикистон дастоварди олӣ ва нодири миллати тоҷик маҳсуб ёфта, аз файзи он имрӯз ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини шароити мусоиду арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони ин қишри ҷомеа тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба халқи тоҷик сулҳ оварданд, балки Тоҷикистонро бо ташаббускорӣ ва дурандешӣ нисбат ба масъалаҳои муҳимтарини сайёра дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Эълон шудани моҳвораи ҷашнӣ, таҷлили му‐ тантани Рӯзи ҷавонон, ташкилу баргузории кон‐ фронсу ҳамоишҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, дави миллӣ, таъ‐

Ìàúðèôàò âà ìàñúóëèÿò

ЉAВОНОН ДАР МЕЊВАРИ ИЌДОМЊОИ СОЗАНДА

сиси ҷоиза ва ҷомҳои гуногун, олимпиадаҳои фаннӣ, сол то сол зиёд шудани доираи гиранда‐ гони идрорпулии Президентӣ, таъсиси квотаҳои мухталиф аз ҷумлаи иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат аст, ки дар меҳвари он насли ҷавон қарор дорад. Ҳарчанд ба даст овардани Истиқлолият душвору мушкил буд, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои Ис‐ тиқлолият аз он ҳам душвору пурмасъулият буд. Да‐ розои сӣ соли таърихӣ мардуми меҳнатқарини кишвари ҳамешабаҳори мо, бахусус ҷавонон тавонис‐ танд, таҳти роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талош ва заҳматҳои беандозаашон дар роҳи сарсабзии мамлакат, ободии диёр, гул – гул‐ шукуфии Ватан кӯшиши ҳаматарафа намоянд. Ҳанӯз соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудани Сарвари давлат гувоҳи ғамхори нисбат ба ба ин қишри ҷомеа аст. Аз он лаҳза инҷониб ҷавонони мо дар рушди та‐ моми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми

бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати со‐ диқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ‐ ҳифзи сар‐ ҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва ифтихори ҳар яки мост. Имрӯз дар мамлакат ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағ‐ бати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастги‐ рии истеъдод‐ҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷа‐ вонон диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон моро водор сохт, ки истиқлолу озодии давлат, яъне муқаддастарину бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намоем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзан‐ дии худро дар назди Ватани азиз баҷо орем.

ТАФАККУРИ СОЛИМ ЊУВИЯТИ ВАТАНДОРЇ

Ин арзишҳо баҳри пойдории миллат нақшу мақоми баланд доранд. Зеро маҳз иттиҳоди мардуми сарзамин, ҳамбастагиву якмаромӣ Истиқлолиятро ба вуҷуд овард. Имрӯз бояд барои ҳар як шаҳрванди мамлакат Истиқ‐ лолият ва Ваҳдат азизу муқаддас бошад. Ҳар як сокини кишвар бояд дар андешаи беҳ доштан, таҳким бахши‐ дани ин арзишҳо бошанд, баҳри ҳифзу ҳимояи он талош варзанд. Ин саодат, ин бахту иқболи накӯро, ки воқеан, дар давоми асрҳо ба миллати тоҷик насиб гашт, мо бояд дар баробари эҳтиром кардан парвариш, ҳифзу ҳимоят кунем. Ва агар на, чаро бузургони мо ин ҳикматро гуф‐ таанд: – Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад… Агар як нафар корманд дар ҷои кори худ вазифаву масъулияташро бо ҳисси баланду поквиҷдонона ба ҷо

орад, ин таҳким бахшидани Истиқлолият аст, як нафар донишҷӯ тамоми нерӯяшро масраф намуда, илму до‐ ниши замонаро аз худ мекунаду баҳри пешрафту шу‐ куфоии Ватани азиз хизмат мекунад, ин саҳм дар пойдории соҳибистиқлолии кишвар аст, як нафар муҳассили мактаб бо баҳои аъло хонад, нақш барои пояндагии Истиқлолият аст, соҳибкоре баҳри бо дони‐ шандӯзӣ фаро гирифта шудани насли навраси диёр таълимгоҳ бунёд кунад, ин саҳме дар устувории пояи Истиқлолият аст. Ҳамаи ин амалҳо парвариши соҳиб‐ истиқлолӣ, хиште ниҳодан дар мустаҳкамии ин даст‐ оварди миллат мебошад. Яке аз арзишҳое, ки қавму миллати тоҷик ба он арҷ мегузорад, Истиқлолияти зеҳнӣ, яъне соҳиби илми сиёсат будан мебошад. Миллати мо ҳанӯз аз даврони ҳукмронии Куруши Кабир дар илми сиёсат ҳамто надошт ва ба ақвоми атроф намунаи бена‐ зири давлатдорӣ буд. Озод будан, соҳиби давлати худ будан, соҳиби шаъну эътибори худ будан, соҳиби сухани худ, нақши худ, Ваҳ‐ дати худ будан аз истиқлолият аст. Руҳи миллӣ ‐ ин ар‐ зишест, ки муносибати ҳар фарди соҳибватанро ба Истиқлолият муайян мекунад. Миллати мо чаро шоҳ Исмоили Сомониро ин қадар бузург медорад, ба бузур‐ гиву шаҳомати ӯ арҷ мегузорад?. Чунки Исмоили Со‐ монӣ миллатро, қавмро ба ҳам овард, давлате беназир, бемисл дар ҷаҳон бунёд кард, ки намунаи давлатдорӣ ба ҷаҳон гашт. Мо, имрӯзиён, ки дарозои сӣ сол инҷониб аз ҳавои истиқлол нафас мегирем, аз сулҳу суботи Ис‐ тиқлол бархурдорему орому осуда зиндагӣ дорем,

¯îìåà âà çàìîí

ТЕРРОРИЗМ - ДУШМАНИ ХИРАД Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терро‐ ризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ин ваҳшонияти ас‐ римиёнагӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Боиси та‐ ассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои тер‐ рористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷаво‐ нон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи ин‐ тернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад.

Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад ва ҳамаи ин дастовард‐ ҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикис‐ тон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Шарифҷон ОТАҶОНОВ, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

гурӯҳ ҳокимияти давлатӣ ғасб карда шуд, мардуми афғон дар вазъи бесарусомонӣ рӯз мегузаронанд. Бахусус занону кӯдакон аз ин вазъи муташанниҷ азият мекашанд. Ҳар рӯзе дар бораи амалҳои ваҳшиёнаи ин гурӯҳ иттилооти нав пахш мегардад. Ҳамаи мо медонем, ки Ҳукумати кишвари мо ҳамчун ҳамсояи ҳамҷавор баҳри дар ин мамлакат барқарор гаштани сулҳу оромӣ ва дар ин замина пойдор гардидани сулҳу субот дар тамоми минтақа кӯмаки худро дареғ намедорад. Мо ҷонибдори онем, ки дар ин кишвар ақли солим ғолиб ояду роҳбарияти кишвар бо назардошти вазъи ба миён‐ омада бо истифода аз таҷрибаи дигар мамолик, аз ҷумла таҷ‐ рибаи сулҳи мо, тоҷикон, ки муросову мусолиҳаро бо не‐ рӯҳои мухолифин пеш гирифтем, дар мӯҳлатҳои наздиктарин дар Афғонистон оромиву суботро барқарор на‐ моянд ва мардуми азияткашида ба рӯзҳои нек расанд.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Нозанин САИДОВА, донишҷӯи курси 2-юми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ишғоли вазифаи вакантӣ озмун

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 1.Мудири кафедраҳо (доктори илм, профессор, номзади илм, дотсент)‐и барнома‐ резӣ ва низомҳои иттилоотӣ; иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент; забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ; иқтисоди рақамӣ; физика ва химия; меъморӣ. 2.Дотсенти кафедраҳо (доктори илм, номзади илм)‐и физика ва химия – 1 ҷой; иқ‐ тисоди рақамӣ ‐ 1 ҷой; кафедраи забонҳо – 1 ҷой; таъминоти барқ ва автоматика – 2 ҷой; меъморӣ – 1 ҷой; сохтмон – 2 ҷой. 3.Омӯзгори калони кафедраҳо (номзади илм, бе унвон)‐и барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ – 2 ҷой, иқтисоди рақамӣ ‐ 2 ҷой; меъморӣ – 1 ҷой; молия ва қарз – 1 ҷой. Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни ишғоли вазифа: 1. Ариза ба номи директори донишкада; 2. Маълумотнома (CV); 3. Тарҷумаи ҳол; 4. Нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳо‐ датнома дар бораи унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд; 5. Тавсифнома; 6. Рӯйхати корҳои илмӣ, илмӣ‐методӣ ва ихтироот (бо замима); 7. Иқтибос аз суратҷаласаи кафедра; 8. Сертификат ва ба монанди инҳо.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва толибилмон! Бахши фарҳанг ва маъмурияти Мактаби санъати бачагонаи №4‐и шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мерасонад, ки хонандагонро барои соли хониши 2021‐2022 аз рӯйи ихтисосҳои зерин қабул менамояд: 1. 2. 3. 4. 5. 6. 7. 8.

Фортепиано Скрипка Виолончел Рубоб Най Дойра Fиҷҷак Дутор

9. 10. 11. 12. 13. 14. 15. 16.

Чанг‐конун Карнай Флейта Труба Аккордеон‐баян Ксилофон‐барабан Сарояндагӣ Рақс‐хореография

17. 18. 19. 20. 21. 22. 23. 24.

Рассомӣ‐наққошӣ Кулолгарӣ‐кандакорӣ Дӯзандагӣ‐ бофандагӣ Зардӯзӣ‐ йӯрмадӯзӣ Пухтупази таомҳо Кларнет Гитара Санъати театрӣ

Хоҳишмандон метавонанд, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 ба комиссияи қабул воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, хиёбони Истиқлолият, №17б (мавзеи кӯҳнаи Масҷиди «Нури Ислом») муроҷиат намоянд. Телефон барои маълумот: (92) 806‐80‐10, (92) 928‐44‐77, (92) 616‐49‐90.

КДК «Биржаи молу мулки вилояти Суғд» оид ба фурӯши амволи зерин музояда эълон мекунад Музоядаи №15. Моликияти коммуналии ноҳияи Ҷаббор Расулов.

ЉОНИБДОРИ СУЛЊУ СУБОТ ДАР МУЛКИ ЊАМСОЯ ЊАСТЕМ

бор ва дастуру супоришњои нусратбор, ќарорњову Амру Фармонњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, вазифаву ќарорњои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду наќшањои дурнамои вилояти Суѓд хизмати касбї менамояд. Рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» дар соли 2022 њам њафтае се маротиба - рўзњои сешанбе, панљшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар њар шумораи он аз њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангии вилоят, кишвари бињиштосоямон - Тољикистон, навгонињои хориљї ва љањони имрўз маводи љолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо - хонандагони азиз таќвият мебахшад.

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Имрӯз аз ҳарвақта бештар баҳри ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳар сокини ин сарзамини муқаддас – Тоҷикистони азиз пос доштани хиради азалии мардуму миллати тоҷик, ҳуш-ёриву зиракии сиёсӣ муҳимтар аст. Поси соҳибистиқлолӣ, парвариши мустақилияти давлатиамон, устуворсозии пояҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани он вазифа, қарз, оини ватандорӣ, дӯст доштани Ватани азиз аст… Рафоат МӮЪМИНОВА, «Ҳақиқати СУҒД»

Воқеаҳое, ки дар мулки Афғонистони ҳамсоя рух дода истодааст, боиси нигаронии тамоми сокинони кишварҳои олам гардидааст. Мо медонем, ки ҳукумати қонунии ин кишвар баҳри пойдор намудани сулҳу субот дар кишвара‐ шон талош мекарданд, баҳри беҳбуди зиндагии мардуми мамлакат тадбирҳо меандешиданд ва ба як қатор пешра‐ виҳо ноил ҳам гашта буданд. Толибонро то имрӯз ҳама чун гурӯҳи иртиҷоӣ, ки алайҳи давлат фаъолият мебурд, медонанд. Имрӯз, ки аз ҷониби ин

ÎÈÍÀÈ ²À£ÍÀÌÎÈ ¯ÎÌÅÀ «Њаќиќати Суѓд» яке аз муќаддамтарин рўзномањои ќаламрави кишвар мањсуб ёфта, алњол таърихи беш аз навадсола дорад ва њамчун нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд минбари бонуфуз ва оинаи ќаднамои њаёти муосир, рўзгори даврони соњибистиќлолї мавќеъ ва рисолат дорад. «Њаќиќати Суѓд» њамчун дастгоњи тарѓиботу ташвиќот бањри амалигардонии сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон, њидоятњои саодат-

ба қуллаи донишомӯзӣ расиданро ният кунем, ба он шарафёб мешавем, чӣ гуна сипосманд набошем аз ин неъматҳо, аз ин иқболи баланду сарфарозӣ! Чаро ифтихор накунем аз Сарвари хеш, роҳнамо, Асосгу‐ зори сулҳ, поягузори Ваҳдат! Имрӯз бояд андешаи мо, тафаккури мо солим бошад, он ба пойдории Истиқлолияти давлатиамон, таҳким бахшидани он нигаронида шуда бошад. Пеш‐ вои муаззами миллат доимо таъкид ба нақши хиради азалии миллати тоҷик мекунанд, моро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд. Рӯзгори имрӯзи мо ин набард баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳост! Зеро бузургони мил‐ лати мо гуфтаанд: – Парокандагӣ аз нифоқ хезад…

Гуфтаҳои Сарвари давлат: «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонон вогузор аст. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доранд, қадр кунанд ва ҳифз намоянд» - ро сармашқи кори худ намуда, барои расидан ба нияту орзуҳои ҳар фарди ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем.

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Èñòè¥ëîëèÿòè çå³í=

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо беҳтарин неъмате аст, ки давоми асрҳо ормони миллати тоҷик буд. Истиқлолияте, ки мо даст овардем, Тоҷикистонро ба ҷаҳон шиносонд ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид. Маҳз арзишҳои Ваҳдат ва муттаҳидии миллати кӯҳанбунёди мо буд, ки кишвари мо ба ин рӯзҳои нек расид.

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Музояда санаи 7 октябри соли 2021, соати 10‐00 бо тарзи англисӣ дар толори савдои бирҷа баргузор мегардад. Ба савдои музоядавӣ симоҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Боҷи комиссионӣ 5 фоиз, боҷи давлатӣ 0,5 фоизи маблағи умумии фурӯшро ташкил медиҳад. Бақайд‐ гирии иштирокчиён ва қабули кафолатпулӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 41 сурат гирифта, аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ оғоз мегардад ва барои симоҳои бо тарзи нақдӣ пардохткунанда як соат пеш, барои симоҳои бо тарзи ғайринақдӣ пардохткунанда бошад, як рӯз пеш аз музояда қатъ карда мешавад. Музояда дар асоси талаботи Низомномаи тартиби фур‐ ӯши иншооти (моликият) давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 4‐02‐89, 4‐09‐21 дастрас намудан мумкин аст.

Р.НЕЪМАТЗОДА, сокини шаҳри Хуҷанд

«Обуна – 2022»

Хонандагони азиз! Ба рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» ќабули обуна барои соли 2022 оѓоз гардидааст. Обуна дар шуъбањои шањриву ноњиявии КВД «Почтаи тољик» ва идораи рўзнома (шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум) тариќи наќдї ва ѓайринаќдї бе мањдудият ќабул карда мешавад. Нархи обуна барои 1 сол 117 сомонї аст. Индекси обуна: 68894. Барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефонњои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 6-3974 (КВД «Почтаи тољик») мурољиат намоед. «Њаќиќати Суѓд» рўзномаи Шумо ва њамдаму њамнафаси Шумост! Ба рўзномаи дўстдоштаи худ сари ваќт обуна шавед!

Аз эътибор соќит Номаи камоли Т‐ШТУ №0217077, ки соли 2008 мактаби миёнаи №1‐и ноҳияи Де‐ ваштич ба Мадинаи Баҳодур додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дони‐ ста шавад. *** Номаи камоли БП №489455, ки соли 1977 мактаби миёнаи №23‐юми Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба Солихоҷаева Шафоат Муҳидиновна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли А №371191, ки соли 1975 мактаби миёнаи №43‐и Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба Каримов Абдуғанӣ Абдураҳмонович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Шиносномаи шаҳрвандӣ А№00248667, ки соли 2015 Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Саидфайёз Шосаидзода додааст, бинобар гум шуда‐ наш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Муҳри доирашакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азимов А.» бинобар гум шуданаш аз эътибор соқит дониста шавад.

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Шањноза ЊОМИДОВА Њуруфчин Алохон А бдуѓаффорова

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___