Page 1

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон: Èìð¢ç êèøâàðè ìî àç ôàéçó áàðàêàòè Èñòè¥ëîëè äàâëàò= âà Âà³äàòè ìèëë= äàð øî³ðî³è ðóøäè óñòóâîð ¥àðîð äîøòà, ñàò³ó ñèôàòè çèíäàã=, ìàúðèôàòó ¿à³îíáèí= âà ý³ñîñè õóäøèíîñèâó èôòèõîðè ìèëëèè ³àìâàòàíîíè ìî òîðàôò òà³êèìó ãóñòàðèø ìå¸áàä.

Банӣ Одам аъзои якдигаранд!

Чоршанбе, 8 сентябри соли 2021 №109 (18414)

£àñðè áóí¸ä àñò Èñòè¥ëîëè ìî!

ПЕШВОИ ИСТИЌЛОЛ

МАШЪАЛИ ФУРЎЗОНИ РОЊИ МО

ÏÀ¨ÌÈ ÒÀÁÐÈÊÈÈ Ðàèñè âèëîÿò Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà áàõøèäà áà 30 – ñîëàãèè Тçè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

À³ìàä¿îíè Ðà³ìàòçîä, Øîèðè õàë¥èè Òî¿èêèñòîí Ҷашн меояд... Ҳар суханро об бояд дод аз тиллои андеша, То шавад равшан гуноҳи бегуноҳи сӯзи тоҷикон, Пас талоши оқибатпирӯзи тоҷикон... Боз бар дирӯз чашми ибрати айём бояд дӯхт, Зиндагии рафтаро бояд зи дарси ёдҳо омӯхт, Дар шарори хотироти хеш бояд сӯхт, Ҳамчу дуди оҳҳои модарон бояд нафасгардон Зери лаб ларзон дуо кард, Аз Худои меҳрбахшо илтиҷо кард, То бузургию шукӯҳи даври Истиқлол равшан дар сухан монад, То ки нақши зарҳали даврони мозӣ дар Ватан монад... Оҳ, бо ҳарфи чу тиллои шуои офтоби Тоҷикистон Боз мебояд ситоиш кард рӯҳи қаҳрамононро, Мурдагони зинданому паҳлавононро. Рафтагоне, ки ба ҳар як муждаи оянда меоянд, Нестҳое, ки ба ҳар айём ҳастанду кунун поянда меоянд, Бошарафҳое, ки мурданду валекин зинда меоянд... То шукӯҳи даври Истиқлолро дар санг ҳак созам, То ки нақши тозаи тақдирро аз нанг ҳак созам... Миллати ҷонофаринам, зинда бошӣ! Дар ҷаҳони хушумедон беҳтаринам, зинда бошӣ! Ид меояд... Ҳарфҳои хуб бояд ҷуст бар таҳнияти миллат, Бозгӯӣ то кунем аз нияти миллат... Таърифи имрӯз лозим нест, Аз талошу кинаи дирӯз бояд гуфт, То шавад айни ҳама дунё азобу заҳмати миллат...

Миллати ҷонофаринам, Ман зи дирӯзи ту бояд ҳарфи ҳақ ҷӯям! Аз парешонию худсӯзии ту то ҳарфи ҳақ гӯям! Эй худованди бузурги шеър, Як назар бахшой имдодам! Он қадар душвор ин эъҷози хушгӯӣ барои ҳастии ёдам, Мекафад дар сина бо ҳар оҳ фарёдам! Баски дирӯзам пур аз хун буд, Чун талоши мансабу ҷоҳу ҷалолу кандани бун буд, Тахти бахтам вожгун буд... Як тараф аз бетарафҳо пур, Як тараф аз бешарафҳо пур, Дар миёна модарону тифлакону пирҳо сарсон, Ишқҳою қалбҳо, тақдирҳо–вайрон... Захмҳо пурхун, Тирҳо дар гӯши мардум даҳшатангезанду ваҳмандоз, Чашмҳо пурашку сарҳо хам, Гӯши қонун–кар, Гунгҳо аз нанги дигарҳо–баландовоз... Манзари куштан ба чашмони чу шиша шахшуда акс аст, Бо туфангаш хонаи ободро бигрифта ҳар маъмур, Манзили вайрона баръакс аст... Пеши дасти додаи имдодро бигрифта ҳар пурзӯр, Кишварам аз шафқату меҳру садоқат дур... Мардҳо побанду бедастузабон монда, Модарон бехонумон монда, Духтарон бе... Писарон монда...

2

Сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад”. Воқеан, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро ши‐ носем, анъана ва оинҳои неки миллиа‐ монро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ободу озоди дорои фар‐ ҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ на‐ моем. Ба шарофати истиқлол, ваҳдату ҳам‐ дигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ халқи шарафманди Ватани маҳбубамон имконият пайдо намуд, ки дар роҳи со‐ зандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ободу пешрафта гарди‐ дани он саҳм гузорад. Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузо‐ ранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибис‐ тиқлол, ки дар муддати сӣ соли соҳиб‐ ихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ба тасвиб расидани силсилаи фармонҳои Асосгу‐ зори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қа‐ рорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон, фаъолияти пурсамари парлу‐ мони касбӣ ва қабули қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва мав‐

риди амал қарор гирифтани Страте‐ гияи миллии рушд, силсилаи барно‐ маҳои соҳавии умумидавлатӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалии Тоҷи‐ кистон бо кишварҳои хориҷа, сафарҳои Пешвои муаззами миллат ба шаҳру но‐ ҳияҳо, супориш, дастуру ҳидоятҳои он кас ва андешидани тадбирҳои судманду саривақтӣ аз тарафи роҳбарияти ви‐ лоят барои амалисозии ҳадафҳои дав‐ лату Ҳукумат заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистони тозаистиқлол таво‐ нист, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ баҳри таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноа‐ тикунонии босуръати мамлакат, ки ҳа‐ дафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд, тавассути сохтмони не‐ рӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, пой‐ гоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пул‐ ҳои байналмилалии мошингард, кор‐ хонаҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти ази‐ ми инфрасохтори иҷтимоӣ низоми иқ‐

тисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маъри‐ фатии хешро таҳким бахшад. Баробари ин, бо назардошти вазъи пуртазоду тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, паҳн гардидани бемории сироятӣ ва таъ‐ сири он ба иқтисодиёти кишварҳои олам моро зарур аст, ки ба хотири ҳимояи даст‐ овардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ин‐ чунин ҷиҳати пешгирӣ кардани хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифрот‐ гароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷино‐ яткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақт саҳмгузор бошем. Бори дигар, ҷашни ҳумоюни миллӣ ‐ 30‐солагии Рӯзи истиқлоли давлатиро ба ҳамдиёрони гиромӣ сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям. Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!


2

Чоршанбе, 8 сентябри соли 2021 №109 (18414)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Истиќлолият рамзи олии ватандорист ва дастоварди бебањову арзиши воло!

À³ìàä¿îíè Ðà³ìàòçîä, Øîèðè õàë¥èè Òî¿èêèñòîí

Антониу Гутерриш -дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.

ПЕШВОИ ИСТИЌЛОЛ

(ИДОМА АЗ САҲИФАИ 1) Дар чунин ваҳшатсаро танҳо набудам, Гарчи танҳоӣ кашидам. Ман дар ин дунёи бепарво миёни осиё будам, Ҳамчу гандум пайкарам талқони саркӯбии берӯ буд, Дар барам бебоварон чун фавҷи яксӯ буд. Ҷони ман афкор буду дар тафаккур Диққати дарёби роҳи ҷустуҷӯ буд... Миллати ҷонофаринам, Ман нахустин бар ту бовар доштам чун ҷони худ! Баски кардам ҳифзи ту–армони худ! Пас ба нерӯи дили худ чун ба виҷдон кардаам бовар! Ман ба ишқи худ ба ин хоки сияҳ, Ҳам ба меҳри худ ба ин оби равон, Чун ба сидқи худ ба номи халқ, Ман ба имонам ‐ ба номи Тоҷикистон кардаам бовар! Рӯзҳо ман аз талоше бо бародар баҳс мекардам, Шомҳо бе хоб бо имкони бовар баҳс мекардам, Субҳ бо шабнам, ки ашки бегуноҳон буд, Бо суханбозии довар баҳс мекардам... Сарҳади арзу вуҷудамро ба ҳадбоне амонат монда, Бо паймони додар баҳс мекардам. Баҳри фардои ятимони ба сар дар кӯча саргардон Бо дуоҳои падар, бо оҳи модар баҳс мекардам...

Пеши тире баста, пири Сулҳро аз нав ҷавон кардам, Ман туфангеро шикаста, Умру ҷони миллатамро ҷовидон кардам! Дардро оғӯш карда, Ман шифо овардаам бар иллати миллат! Сардро оғӯш карда, Гармии оташ–вафо овардаам бар хислати миллат! Ман муҳаббатро садоқатманд кардам бо умеди дӯстдориҳо, Ман шарафро ҳам шарофатманд кардам бо тавони меҳрбориҳо. Душманамро дӯст кардам, то Худо бахшад гуноҳашро, Хасми берӯро ба ханда пӯст кандам, То зи сардиҳо ба гармиҳо мубаддал созам оҳашро. Чашми кӯрашро ба нури офтоби Тоҷикистон кардаам бино, То ки равшантар бубинад самти роҳашро, То набинад насли фардо боз ҳам ҳоли табоҳашро...

Гушнагиро аз замин бахшидани худ сер кардам, Ташнагиро бо шуои барқ бишкастам. Обро ман обрӯи кишварам кардам, Хокро чун тоҷи хуршеди тулӯи кишварам кардам.

Ман зафарро ошиқи хоки Ватан кардам! Комёбиро шуои обҳои тозаву поки Ватан кардам! Аз зафарҳо пайкари нерӯи давлат иқтидор овард, Ин ҳама тавфиқҳо бар миллати мо эътибор овард. Ман ҷаҳонро дӯстдори Тоҷикистони ҷавон кардам! Дар шаҳомат Тоҷикистони ҷавонро як ҷаҳон кардам!

То зи дӯшам бори ғам афтод, Пай ба пай, саҳро ба саҳро, Деҳ ба деҳу шаҳр то шаҳр Ман пайи пои азизи Сулҳ меҷустам. Дар нигоҳу пайкару атрофи ёрони парешон Як муборакфол аз аҳли тамизи Сулҳ меҷустам.

...Сӣ баҳору сӣ зимистонам гузашта, Ман кунун чун ормони халқи нерӯманд ҳастам. Раҳ кушодам чор сӯ бар олами улвию фонӣ, Бо абад ман аз азал пайванд ҳастам. Пешвои аҳди Истиқлоли миллат, Як фурӯтан халқро фарзанд ҳастам...

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст.

È¥äîìîòè áàøàðä¢ñòîíà äàð ìàñîèëè ¿à³îíèè îá

КИШВАРИ МО - САРГАЊИ ОБИ ТОЗА Истиқлоли давлатӣ буду ҳаст, ки суботи сиёсии кишвари маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосои мо давоми сӣ соли даврони соҳибихтиёрӣ дар арсаи ҷаҳон ба таври воло, гуворо ва дилрабо шинохта гардид. Иқдомҳои шоиставу ҷаҳонии башар‐ дӯстонаи Президенти маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чаҳор ташаббуси ҳа‐ дафманду олӣ доир ба масоили об дар ақсои олам муаррифӣ доранд. Иқдомҳои шоистаи муҳтарам Президентамон чунин раддабандӣ доранд: аввалан, эълом доштани «Соли 2003‐Соли оби тоза», дуюм, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об‐барои ҳаёт» (солҳои 2005‐ 2015), сеюм Соли байналмилалии ҳам‐ кориҳо дар соҳаи об ‐ 2013, чаҳорум ‐ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об ‐ барои рушди устувор» (солҳои 2018 ‐ 2028). Ин чаҳор ташаббуси глобаливу бунёдӣ ва башардӯстонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ бемуболиға, ба орзуву ормонҳои мар‐ думи сайёра, Ҳадафҳои рушди ҳазор‐ сола ва Ҳадафҳои рушди устувори Соз‐ мони Милали Муттаҳид мувофиқат ме‐ кунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли Соз‐ мони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон хуш, дар ростои воқе‐ ият ва ҳақиқат, сурурмандона пазируфта шудаанд. Президенти маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви Панели сатҳи ба‐ ланд оид ба масъалаҳои об дар мақолаи бунёдиашон, ки дар маҷаллаи бону‐

фузи Созмони Милали Муттаҳид соли дуҳазору ҳаждаҳ ба нашр расида буд, аз ҷумла навиштаанд: «Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин, стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои арзандаву ҳақиқатасос додаанд: «Талош‐ ҳои Тоҷикистон ва Сарвари он дар ҷодаи истифодаи босамари об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он беқиё‐ санд». Бо ақли солиму чашми дил эҳсос на‐ мудан ин рисолати хуби инсонист ‐ ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ги‐ ромидошти об ва хусусан, иқдоми чаҳо‐ руми Президенти маҳбубамон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмила‐ лии амал «Об‐барои рушди устувор» (со‐ лҳои 2018‐2028) худ гувоҳи равшану беқиёси афзудани нуфузу эътибору ши‐ нохти сарзамини аҷдодӣ‐кишвари зебову дилрабову биҳиштосоямон ва Роҳбари

хирадманду оқилу маърифатпарвари Тоҷикистони озоду мукаррами мо дар арсаи ҷаҳон будаву ҳаст. Хуб дар хотир дорем: дар оғози ҷа‐ раён гирифтани ташаббуси чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон во‐ баста ба масоили об, бисту дуюми марти соли дуҳазору ҳаждаҳ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналми‐ лалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018‐2028) суханронӣ намуданд ва аз ҷумла таъкид карданд: «Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об‐барои рушди устувор» (солҳои 2018‐2028) дар самти ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи ан‐ дӯхта дар ин соҳа мебошад». Абдулаким СОБИРОВ, дорандаи ордени «Шараф», Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Б.Ғафуров

²àìãèðî= äàð ìàñèðè 1300 ð¢çè ìå³íàòè çàðáäîð

ИСТИЌЛОЛИ МО - ИРОДАИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МО Истиқлолият нодиртарин ва бебаҳотарин неъматест, ки дар интиҳои асри ХХ барои мардуми саодатманди тоҷик насиб гардид. Мафҳуми истиқлолият аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври возеҳ гуфта мешавад: “Нахуст бояд донист, ки мафҳуми истиқлолият чист? Истиқлолият ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аст. Истиқлолият дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.

И

СТИҚЛОЛИЯТ ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва та‐ лошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бе‐ дордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқ‐ лолият ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа сарфи назар аз халқият, миллат, урфу одат ва ақоиду афкор аст. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯз‐ гори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдав‐ лату соҳибватан аст”. Вале таъкид бояд кард, ки Истиқло‐ лият барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози соҳибистиқ‐ лолӣ халқи тоҷик ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, он 5 солу як моҳу 22 рӯз ё ки 1880 рӯз идома ёфта, беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Ҷанги ба‐ родаркуш ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид ва иқтисодиёти кишвари ҷавону соҳибистиқлоли моро даҳсолаҳо ақиб партофт. Бахти баланди мардуми шараф‐

манди кишвар буд, ки Президенти Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳта‐ рам Эмомалӣ Раҳмон рисолату вазифаи пурмасъули роҳбарияти олии мамла‐ катро маҳз дар давраи ниҳоят ҳассоси кишвар, ки Ватанро ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, ба дӯши худ гириф‐ танд ва бо мурури замон мамлакати офатзадаро ба як кишвари ободу зебо ва хурраму сарсабз табдил доданд. Аввалин баромади пурмӯҳтавои Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри маданияти Арбоб бо ғурури баланди ҷавониву ватандӯстиву ватан‐ хоҳӣ аз қалб садо дод, ба дили мардуми азияткашидаи кишвар умеду боварӣ бахшид. Аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи бо‐ саодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиё‐ деро паси сар намуданд, ки ҳар яки он дар саҳифаҳои таърихи Ватани азизу соҳибистиқлоламон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори

Пешвои миллат тӯли ин солҳо баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳ‐ буби моро ҳамчун кишвари соҳибфар‐ ҳангу соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд. Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизи мо маҳз дар даврони Истиқлолият ҳамчун як давлати мустақилу соҳибих‐ тиёр байни 197 давлати ҷаҳон расман шинохта шуд ва мақому эътибори ба‐ ланд пайдо кард. Тоҷикистон дар қато‐ ри 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аъзои комилҳуқуқи ин ташки‐ лоти бонуфузи чаҳонӣ буда, иқдому та‐ шаббусҳои созандаву дурбинонаи Пешвои миллати мо оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб ва муаммоҳои доғи

рӯз, аз қабили экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи му‐ хаддир, мушкилоти ҷаҳонии об ва исти‐ фодаи сарфакоронаву мақсадноки он пайваста дастгирӣ ёфта, амалӣ шуда ис‐ тодаанд. Вале ҳастанд 11 давлате, ки узви Созмони Милали Муттаҳид набуда, аммо расман аз ҷониби як ё якчанд дав‐ лат ба расмият шинохта шудаанду халос, ду давлате, ки узви Созмони Ми‐ лали Муттаҳид набуда, аммо дар амал соҳибистиқлоланд ва аз ҷониби ҳеҷ дав‐ лати дигар ба расмият шинохта нашуда‐ анд ва 56 давлати маҳдудаи дорои мақоми мухталиф арзи ҳастӣ доранд. Расидан ба ин рӯзи неку босаодат ва обрӯву нуфузи байналмилалӣ пайдо на‐ мудани кишвари азизи мо, пеш аз ҳама, аз заҳматҳои ҷоннисорона, ҷасорату са‐ доқати беназир, иродаи шикастнопа‐ зир, таҳаммулпазириву гузашт карда тавонистан ва бунёду таъсиси мактаби

бузурги сулҳоварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон во‐ бастагии амиқ дорад. Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ дар арафаи ҷашни мубораку фархундаи миллат ‐ 30‐солагии Истиқлоли давла‐ тии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, амалӣ гардидани ҳадафҳои му‐ ваффақонаи стратегии мамлакат, аз қа‐ били аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба як кишвари воҳид таб‐ дил ёфтани Тоҷикистон, расидан ба ис‐ тиқлолияти энергетикӣ, бунёди неру‐ гоҳҳои бузурги барқи обии “Сангтӯда‐1”, “Сангтӯда‐2”, “Роғун”, “Тоҷикистон” ва ғайра, ки аз дастовардҳои беназири ис‐ тиқлолиятанд, таъмини амнияти озуқа‐ вории мамлакат ва бо ин мақсад даст‐ расии деҳқон ба замин, саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина бун‐ ёди садҳо корхонаҳои азиму муштараки саноатӣ баҳри расидан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мусои‐ дат намуда истодааст. О шарофати сулҳу ваҳдати комил дар кишвар сарҷамъиву муттаҳидии тамоми сокинони мамлакат дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон бун‐ ёдкориҳо босуръат пеш мераванд ва ҳар рӯз симои пойтахт, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зебову дилоро гардида, ифти‐ хори ватандориву ватандӯстии соки‐ нонро баланд мебардорад. Баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни бузург дар вилоят бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардида, мардуми вилоятро баҳри анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона боз ҳам муттаҳид намуд. Дар ин замина наздик 8000 иншоотҳои ҳаётан муҳими иқтисо‐

Б

диву иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ, му‐ ассисаҳои таълимиву табобатӣ, фарҳан‐ гиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ, марказҳои савдову хиз‐ матрасонӣ, таъмиру бунёди роҳу пулҳо ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба рӯҳияи мардуми вилоят таъсири нек гузоштанд. Ёдовар шудан аз марҳилаи оғози соҳибистиқлолӣ, зарари моддиву маъ‐ навӣ ва равонии расонидаи он, пеш аз ҳама, ҳушдор додани ҷавонон ‐ насли ояндасози миллат баҳри расидан ба қадри Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, марзу буми Ватанамон – Тоҷикистон ва рушди истиқлолияти зеҳнии онҳост. Зеро, имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо танҳо ба даст овар‐ дани истиқлолият басанда нест. Онро ҳифз намудан, таҳким бахшидан, дар ан‐ дешаву тафаккури ҷомеа пайваста тал‐ қину ҷойгир кардан, баланд бардоштан ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯс‐ тиву ифтихори миллӣ ва дар масири ғояҳои созанда сарҷамъу муттаҳид сох‐ тан, роҳу усулҳои наву муосири тарғибо‐ тиву ташвиқотиро пеш гирифтан, аз таърихи гузаштаи пурифтихори миллӣ пайваста ёдовар шудан амри воқеӣ ва за‐ рурист. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Прези‐ денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамо‐ янд: “Ҳушёриву зиракиро бояд ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем”. Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар лаҳза ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар‐ вақта дида бояд ҳушёру зирак бошем. Ғояву андешаҳои созанда, муттаҳидку‐ нанда низ бояд ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рушду инкишоф бошад.

Поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Аминҷон ШАРИФЗОДА, “Ҳақиқати Суғд”


e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

3

Чоршанбе, 8 сентябри соли 2021 №109 (18414)

«Ðî>óí» – Òî¿èêèñòîíðî áî êîíè íóð òàáäèë äîä!

РАМЗИ САРФАРОЗИИ МАРДУМИ САОДАТЁР Бо бунёд гардидани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019

Ҳ

АЁТ исбот кард, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти бузурги аср падид омадаву баъди ба кор даровар‐ дани агрегатҳои якум ва дуюми он ба рушду та‐ раққиёти кишвари биҳиштосои мо мусоидат

намуд. Бо ҳидоятҳо, азму субот ва талошҳои бун‐ ёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ‐ тарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 16‐уми но‐ ябри соли дуҳазору ҳаждаҳ равшанию гармии

кохи нури Тоҷикистон ‐ Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гар‐ дид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бе‐ саброна интизор буданд. Минбаъд чархаи дуюми ин сарчашмаи нуру рӯшноӣ 9‐уми сентябри соли дуҳазору нуздаҳ ба фаъолият сар кард. Аз соли дуҳазору нуздаҳ баҳри фаъолсозӣ, таҷҳизони‐ дану муҷаҳҳазсозии чархаҳои дигари он – то шу‐ мораи шаш вусъатпазир ҷараён гирифт. Ҳамон айёми пурсаодати рӯзҳои тирамоҳӣ сароғози нуристон шудани кишварамон маънӣ пазируфт. Ва пайваста минбаъд агрегатҳои ди‐ гари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд. Асосгу‐ зори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва ба‐ шардӯстонаи худ барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ғамхорӣ менамоянд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ‐ ин кохи нурис‐ тон самара ва неъмати беназири Истиқлоли давла‐ тии Тоҷикистон аст. Он нуру зиё, шуълаи чароғис‐ тони бузурги миллат муаррифӣ мешавад. Навиш‐ таҳои воситаҳои ахбори умум сатрҳои башоратбор аз зиндагии пурсафо ва болоравии сатҳи рӯзгори мардуми сарбаланди мо мебошанд. Чӣ рисолат‐ мандист ва чӣ паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зин‐ дагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки бун‐ ёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин ме‐ кунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пеш‐ рафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату ит‐ тиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд. Ба ёд овардани лаҳзаҳои ҳаёти сурурбахш ба ҳар каси бедордилу худогоҳ фараҳи тоза мебах‐ шад. Рӯзи таърихии 29‐уми октябри соли дуҳа‐ зору шонздаҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Прези‐ денти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо яку‐ ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд. Неру‐ гоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин ин‐ шооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз шаш агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 ме‐ гаВаттро ташкил медиҳад. НБО «Роғун» бо иқти‐ дори 3600 мегаВатт – бештар аз 17 миллиард килоВатт – соат – калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Барои ноил шудан ба рушди саноат ва баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти са‐

Òà³êèìè ðàâîáèòè áàéíàëìèëàë=

ТОЉИКИСТОН ДАР ОИНАИ МУНОСИБОТИ ДИПЛОМАТЇ Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати беруна пеш гирифтани сиёсати «дарҳои кушода» ба Тоҷикистони азизи мо имкон фароҳам овард, ки бештар аз 190 давлати дунё кишвари моро ба расмият шиносанд. Давоми 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздики кишвар – давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақвият ёфт.

Т

АҲКИМУ густариши ҳамкориҳои гу‐ ногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушд – Федератсияи Россия, Ҷум‐ ҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иё‐ лоти Муттаҳидаи Америка аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти даста‐ ҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, инчунин шарикони рушд торафт тақвият меёбад. Соли ҷорӣ ба таъсисёбии Созмони Ҳам‐ кории Шанхай 20 сол пур шуд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон баҳри пешрафту такомули он саҳми бо‐ сазо гузошта истодааст. Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати дарҳои кушода тавонист, то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мухталифи гло‐ балӣ, яъне муаммоҳои миқёси ҷаҳонӣ саҳми

СУЃД – ВОДИИ ИМКОНИЯТЊО В

нақши мамлакати мо дар густаришу ҳалли ма‐ соили мубрами ҷаҳон торафт бештар гардида истодааст. Дар ин замина моҳи май дар Қасри Миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ва‐ зирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Соз‐ мони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардид. Моҳи июн мулоқоти Президенти мам‐ лакат бо иштирокчиёни вохӯрии 16‐уми коти‐ бони Шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гашт. Моҳи июл дар ҳошияи баргузории Саммити Душанбе вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони Ҳам‐ кории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили мубрами минтақаро баррасӣ намуданд. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар маҷмуъ, дар ҳалли масоили муб‐ рами миқёси минтақавӣ ва ҷаҳон натанҳо фаъ‐ олона ширкат меварзад, балки бо иқдомҳои тоза баҳри рушду такомули ҷомеаи башарӣ ба‐ ромад менамояд. Ҳамаи ин ба шарофати Истиқ‐ лолияти давлатии мамлакат, ин дастоварди бузурги миллати тоҷик мебошад. Абдуҳақим ШАРИФОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои педадгогӣ

Набиҷон ПӮЛОДОВ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд

Ðàâàíäè è¥òèñîäè ìèëë=

Вазифа ва мақсади ниҳоии ҳар як минтақаи иқтисодӣ истифодаи захираҳо, таъмини тараққиёти ҳамаҷонибаи минтақа мебошад.

назаррас гузорад. Дар ин замина Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Ҳамин тавр, дар заминаи сиёсати дарҳои кушода соли гузаштаи 2020‐ум Раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал буд ва ҳамчунин ҷиҳати идомаи раванди густариши ҳамкориҳо бо соз‐ монҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи бай‐ налмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018‐2028 соли гузашта дар пойтахти кишварамон ‐ шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир гардид. Хурсандибахш он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузор намудани чора‐ биниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар байни кишварҳои мусалмонӣ нуфузи ба‐ ландро ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар соли 2009‐ соли Имоми Аъзам , ки дар таҷлили тан‐ танавии он беш аз 500 нафар олимони дин аз 50 мамлакати дунё ширкат варзида буданд, ула‐ мои шуҳратёфтаи олами ислом иброз дошта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон баҳри устуворгар‐ донии оини таҳаммулпазирии ислом кори бу‐ зурге анҷом дод. Тоҷикистон имсол, соли 2021 Раёсатро дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдно‐ маи амнияти дастаҷамъӣ дар ӯҳда дорад. Дар ин соли ҷашни бошукӯҳи мамлакат‐ 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсатро ба ин Созмонҳо ба зимма доштани Тоҷикистон фоли накӯ буда, собит менамояд, ки

ноатӣ сатҳи таъминоти кафолатноки неруи барқ басо нақши муҳим дорад. Ва дар ин масир дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷдиду навсозиҳои не‐ ругоҳҳои мавҷуда оғоз шуда, имрӯз ҷараён дорад, ки як мисоли барҷастаи ин раванд азнав‐ созии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар шаҳри Гулистон аст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин хусусияти даврони муосир – тамоюли глобалии ташаккули «иқтисоди сабз» буда, манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватани маҳбубамон мебошад.

АЗНИ қиёсӣ ва иқтидори иқтисодии вилоят хеле калон буда, ба он 36,4 фоизи маҳсулоти саноатӣ ва 20 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ рост меояд. Вилояти Суғд аз канданиҳои фоиданок бой буда, захираи кони нуқраи Кони Мансур дар ҷаҳон дар ҷои чорум меистад. Инчунин, дар ин минтақа конҳои ангишти Шӯроб, Фон, Яғноб, Кишт, нефти Нефтобод, гази Хоҷабоқирғон, намаки Оқсукон, металлҳои ранга ва нодири Қаромазор, Моғиён, тиллои Таррор (Панҷакент) мавҷуданд. Дар вилояти Суғд зиёда аз 2,4 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Саноати сабук аз ҳисоби коркарди пахта бо ҳамкории ширкатҳои хориҷӣ афзуда, 48 корхонаи саноатии калон, 140 корхонаи хурд фаъолият мебаранд ва 70 фоизи корхонаҳо дар давраи Истиқлолият ба кор оғоз кардаанд. Дар ихтиёри Минтақаи озоди итқисодии "Суғд" 18 корхона ва муассисаҳои иқтисодӣ фаъ‐

олият мебаранд. Маблағгузории саҳмияи он 55 миллион доллари амрикоӣ буда, ҳоло 20 мил‐ лион доллари он истифода бурда шудааст. Дар корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба маблағи 249,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 149,9 фоизро ташкил намуд. Соли сипаришуда корхонаҳои истихроҷи ан‐ гишти вилоят истеҳсоли маҳсулотро ба 118,5 ҳазор тонна расонида, суръати афзоишро ба 128,5 фоиз таъмин намуданд. Корхонаҳои соҳаи коркарди маъдани кӯҳӣ ва металлҳои ранга ба маблағи 272 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиш 103,3 фоизро таш‐ кил дод. Консервабарорӣ як бахши махсуси саноати хӯрокворӣ буда, ҳоло дар вилоят зиёда аз 600 корхонаи саноатии шакли моликияташ мухта‐ лиф фаъолият доранд. Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2010-ум 4,5 маротиба ва истеҳсоли тухм 5,5 маротиба афзуда, қариб ба як миллион дона тухм мерасад. Муқаддасхон АХМЕДОВА, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


4

Чоршанбе, 8 сентябри соли 2021 №109 (18414)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Истиќлол рамзи саодатмандї ва арзиши муќаддаси миллист!

Ñàíîàòèêóíîíèè áîñóðúàòè êèøâàð ³àäàôè ÷îðóìè ñòðàòåã= Дар сиёсати иқтисодии давлат мо бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро ба назар гирем. Дар кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ бояд, чунин фазои озодеро муҳайё созем, ки ҳар як фарди хоҳишманди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ чунин имкониятро дошта бошад ва бо дастгириву ҳимояи давлат фаро гирифта шавад. Эмомалӣ РАҲМОН

Ðî³ - îèíàè ð¢çãîð âà ïàéâàíäãàðè äèë³î

ЊАДАФЊО, ШУКУФОЇ, ФАРАЊМАНДЇ Вақте мардуми кишварамон ба соҳибистиқлолӣ расиду сулҳу ваҳдат барқарор шуд, вазифаи бисёр муҳим дар таҳкими давлатдории мо сохтани роҳҳои муосири мошингард, шабакаҳои интиқоли барқ ва ғайра буд. Ҳамин тавр, даҳҳо нақшаҳои дурнамо баҳри беҳсозии вазъи роҳҳои мамлакат тарҳрезӣ гаштанд.

СИФАТИ МАЊСУЛОТ, ИВАЗКУНАНДАИ Я ВОРИДОТ, ЉОЙИ КОРИ МУСОИД

И

Н ҳидоятномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои такон бахшидани рушди ҳаматарафаи соҳибкории кишвар, ки акнун дар ҷодаи инкишоф ёфтани фаъолияти демократӣ кӯшиши гирифтани таҷриба аз давлатҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳонро дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Саноати истеҳсол дар дохили кишвар чӣ аз ҷониби давлат ва чӣ аз ҷониби шахсони алоҳида дар як муддати кӯтоҳ рӯ ба беҳбудӣ овард. Мувофиқи мушоҳидаҳо таъсиси корхо‐ наҳои хурду калони дар дохили кишвар дар асоси барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст. Вилояти Суғд яке аз минтақаҳое ба ҳисоб ме‐ равад, ки соҳибкорӣ дар он хуб ба роҳ монда шудааст. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва пайдо шудани корхонаҳои истеҳсолӣ худ ба ин гуфтаҳо далолат мекунад. Гуфтан ба мав‐ рид аст, ки дар маркази вилоят, бахусус шаҳри Хуҷанд ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи 30 ‐ юмин сол‐ гарди Истиқлоли давлатии кишвар чандин корхонаҳои хурду бузург сохта шуда истода‐ анд. Дар минтақаи саноатии Шимолу Шар‐ қии шаҳр якчанд корхонаҳои саноатӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмо‐ малӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ошно гардидем. Бояд гуфт, ки Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абду‐ лакимов бо истеҳсоли ҳафт намуд нони хушки реза бо бренди «Крутонӣ» машғул буда, беш аз 20 нафар фаъолияти пурсамар доранд. Бино ба иттилои номбурда маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гар‐ дида, дорои таъму сифати баланд мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷум‐ ҳурии Мардумии Чин дастрас гардидааст. Дар корхона бо иқтидори мавҷуда нон тайёр шуда, сипас онро бо технологияи махсус хушк намуда, маҳсулоти нони хушки реза тайёр менамояд, ки маҳсулоти воридотиваз‐ кунанда арзёбӣ мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 300 кило‐ грамм маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаи саноатии Ши‐ молу Шарқии шаҳр корхонаи нави истеҳ‐

соли шоколади “Ҳаловат”. Санаи 15 ‐ уми октябри соли 2020 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъо‐ лияти оғоз намуд, фаъолияташ хуб ба роҳ монда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Марду‐ мии Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳ‐ солии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад. Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби Ю.Абдураҳимов таъсис ёфта, ки 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувон ташкил ме‐ диҳанд. Бояд гуфт, ки таркиби маҳсулоти шоко‐ ладӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст. Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи вори‐ дотӣ мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминиро харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоко‐ лад васеъ истифода менамоянд. Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳ‐ солнамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талаб‐ гори зиёд дорад. Масоҳати умумии корхона наздики як гектар буда, бинои истеҳсолӣ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ ҷойгир аст. Имрӯз маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳ дар тамоми бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба фурӯш бароварда шудаву дастархони мардумро дар ҳар чора‐ бинӣ ва иду айём зеб медиҳад. Ҳамзамон аз тарафи соҳибкорзан Каро‐ мат Назарова дар минтақаи саноатии Ши‐ молу Шарқии шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Фабрикаи парандапарварии Назар» ‐ ро ба роҳ монд, ки ба парвариш ва забҳи мурғ машғул аст. Дар як шабонарӯз беш аз 1100 сар мурғ дар ин корхона забҳ шуда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ банду баст мега‐ рдад. Бояд гуфт, ки маҳсулоти хоми гӯшти парранда бо тамғаи молии “Далерон” ба бозор пешниҳод мешавад. Ҳамин тавр Истиқлол дар рушди саноати миллӣ нақши бориз дошта, дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар мусоидат менамояд. Озифхон ШАРИФЗОДА мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД‐и вилояти Суғд

КЕ аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ‐ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ заминаи асосӣ ва мустаҳками шукуфоии рӯз‐ гори мардуми мост. Биноан метавон гуфт, ки татбиқи амалии ин ҳадафҳо, омили асосӣ, рушди давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷиб дар мамлакатамон барномаҳои дав‐ латӣ тарҳрезӣ ва дар раванди амали‐ гардонии он роҳҳои манотиқи мухталифи кишвар басо обод гардо‐ нида шуданд. Аз ҷумла, сохтмони шоҳроҳҳои “Роҳи абрешим”, “Шар – Шар” ва “Чормағзак”, қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди “Душанбе – Хоруғ – Мурғоб”, “Душанбе – Рашт – Сари‐ тош”, шоҳроҳи “Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ”, “Қулма – Қароқурум”, роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа – Кӯлоб” имкон ба миён оварданд, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он та‐ моми фаслҳои сол ба роҳ монда шавад. Алҳол бунёди инфрасохтори нақ‐ лиёт барои ба кишвари транзитӣ таб‐ дил додани Тоҷикистон ва осон

замонавӣ ва бунёди нақбҳоро ба роҳ монданд. Яъне, баҳри амалигардонии се ҳадафи стратегии кишвар‐аз бунба‐ сти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, амнияти озуқаворӣ ва ис‐ тиқлолияти энергетикӣ нақша кашида шуд. Сохтмони нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” аз иқдомҳои наҷибтари‐ ни Пешвои миллат мебошад, ки боиси пешрафту тараққиёт гардида, мардум‐ ро аз азияти гузаштан аз ағбаҳои хатар‐ нок раҳо дод. Ҳангоме баҳри бунёди ин нақб нақша тарҳрезӣ шуд, ҳатто, баъ‐ зеҳо бовар надоштанд, ки бунёди чунин иншоот имконпазир бошад. Барои бунёди нақби мошингарди “Шаҳристон”, ки дарозиаш 5253 метр аст, бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш

қариб 430 миллион сомонӣ маблағ ра‐ вона гардид. Ифтитоҳи ин иншооти муҳим, албатта боиси шодию нишоти мардуми кишвар, хусусан ронандагоне гардидааст, ки мунтазам ағбаи душ‐ воргузари “Шаҳристон”‐ро убур меку‐ нанд. То ба истифода супорида шудани ин нақбҳо мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад, ин роҳ дар 3-4 соат тай мегардад. Олимҷон ОЧИЛЗОДА, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи МИҲД‐и вилояти Суғд

Òàäáèð³îè ñàìàðîâàð

ИЌТИДОРИ СОДИРОТИИ МАЊСУЛОТ

Áóí¸äè áî>³îè èíòåíñèâ=, ñàðäõîíàâó ãàðìõîíà³îè âèëîÿò

Мардуми меҳнатдӯстӣ вилоят ҳамеша дар меҳвари кору пайкори хеш маданияти заминдорӣ, аз ҳар қитъа ва порчаи замин самараноку оқилона истифода бурданро касб намудаанд. Боғдории боғбонҳои чирадасти вилоят ва меваҳои шаҳдбори боғот хуб эътироф гардидаву имрӯз дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардааст. Кишоварзону боғпарварон баҳри бунёди боғҳои нав, барқарор кардани боғҳои кӯҳнаву ба ҷои дарахтони камҳосили пешина шинонидани ниҳолҳои навбари пайвандии серҳосил азму суботи беқиёс менамоянд.

Р

ОҲБАРИЯТУ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ви‐ лоят дар иҷрои барномаи давлатии бунёди боғоти мевадиҳанда тадбир‐ ҳои амалӣ меандешанд. Дар самти рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ аҳамияти хоса равона карда мешавад. Соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ви‐ лоят 799 гектар боғу токзорҳои нав бунёд шуданд, ки нисбат ба соли 2020‐ум 173 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон, соли равон 1 ҳазору 352 гектар боғу токзор аз нав барқарор шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 гектар зиёд аст. Тибқи маълу‐ моти шаҳру навоҳии вилоят ба ҳолати шаш моҳи соли 2021 –ум 85 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида, аз он 15 гектар зардолу, 4,5 гектар шафтолу, 29 гектар олу, 13,5 гектар гелос, 11 гектар себ, 0,9 гектар нок, 4 гектар биҳӣ ва 7 гектар бодом мебошад. Таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, бунёди гармхонаҳо ва истифодаи самараноки онҳо ба рушди устувори соҳа ва

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сар‐ моягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда ис‐ тодааст. Боиси хурсандӣ аст, ки соҳиб‐ корони маҳаллӣ дар бунёди роҳҳо саҳми муносиби худро хоса, баҳри ис‐ тиқболи сазовори 30 ‐ солагии Истиқ‐ лоли давлатӣ гузошта истодаанд. Воқеан, роҳ ва роҳдорӣ чун дигар самти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон соҳаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯи кишвар ва беҳтар гаштани шароити иқтисодиву иҷти‐ моии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Аз ин рӯ, дар ин раванд чанд соли охир дар қаламрави вилоят таъ‐ миру навсозӣ ва мумфаршкунии пур‐ раи роҳҳои аҳамияти гуногундоштаи минтақаҳои вилоят идома дошта, на‐ тиҷаҳои он бар ҳама аён ва рӯҳбаланд‐ кунандаанд. Пас аз нисбатан ором шудани вазъ‐ ияти муташанниҷи солҳои навадуми қарни гузашта дар кишвар Сарвари давлатамон баҳри пешрафти иқтисо‐ диёт ва ба ҳам пайванд кардани мин‐ тақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Индекси обуна 68894

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолию баланд бардоштани иқтидори содиротӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Баҳор, ки фасли сербориш аст, дар бештари ҳолат баробари номусоид ома‐ дани боду ҳаво деҳқонон бо мақсади барвақт ба даст овардани ҳосил кӯшиш ме‐ кунанд, ки зироатро дар гармхонаҳо парвариш намоянд. Аслан гармхонаҳо яке аз воситаҳои муҳим барои таъмини бозори озуқаворӣ бо маҳсулоти тару тозаи ғайримавсимӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, фаъолияти онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ воситаи хуби даромад аст. Ин аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар вилоят сол то сол рушд намуда, бунёди гармхонаҳо бо намуд ва усулҳои нав вусъат меёбанд. Тибқи маълумоти фаврӣ дар бахши кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят 499 гармхона мавҷуд буда, 287 адади он гармхонаҳои типи хитоӣ ва 4 адад типи инноватсионӣ мебошад. То санаи 1‐уми апрели соли ҷорӣ дар гармхонаҳо ба масоҳати 26,77 гектар кишт гузаронида шудааст. Масоҳати кишти помидор 18,33 гектар, бодиринг 3,99 ва дигар зироатҳо 4,45 ва 9,70 гектарро май‐ дони лимӯ ташкил медиҳанд. Истеҳсоли сабзавот аз гармхонаҳо 247,5 тонна буда, аз он 174,3 тонна помидор, 21,7 тонна бодиринг ва дигар намуди сабзавот 51,5 тон‐ наро ташкил дод. Истеҳсоли лимӯ 33 тонна мебошад. Солҳои охир ислоҳоти комплекси агросаноатӣ идома ёфта, бо таҷдиди кор‐ хонаҳои соҳа дигаркунии куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа бо назардошти таш‐ кили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ дар вилоят наздик 70 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ бо шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар вилоят як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки барои нигоҳдории ҳаҷми калони маҳ‐ сулот ва содироти меваю сабзавот пешбинӣ шудаанд. Барои захираи маҳсулот беш аз 40 адад яхдон, сардхона, беш аз 100 анбори калон ва ба миқдори зиёд ан‐ борҳои хоҷагиҳои деҳқонию шахсони алоҳида истифода мешаванд. Ғалла, кар‐ тошка, чандин номгӯи сабзавот, меваю ангур дар ин анборҳо ва сардхонаҳо захира карда, марҳала ба марҳала, аз охири тирамоҳ сар карда, дар зимистон ба бозори истеъмолӣ бароварда мешаванд. Ин омили асосии дар давраи зимистон дастрасӣ доштан ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, ин захираҳо имкон медиҳанд, ки то фасли баҳор ва марҳалаи минбаъда низ бозор бо маҳсу‐ лоти зарурӣ таъмин карда шавад. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории кар‐ тошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода ва дар ин гуна анборҳо таркибу си‐ фати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешавад. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ басо муҳим буда, роҳбарияти ви‐ лоят ба таври ҳамешагӣ самаранок истифодабарии обу заминҳои корам, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла, бун‐ ёди боғҳои нави интенсивиро дар ин раванд ба масъулину кишоварзон таъкид медоранд. Кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят бо меҳнати пурсамари хеш дар амал исбот кардаанд, ки меҳру садоқат ва муҳаббат ба замину обу дарахту ҳосилот аз меҳнат пурфайз буда, маданияти киштукорро баланд мебардорад. Абдуазиз МАҲМУДЗОДА, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Файзулло АТОХОЉАЕВ Њуруфчин Аълохон АБДУF АБДУF АФФОРОВА

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___

Profile for Ҳақиқати Суғд

ҲАҚИҚАТИ СУҒД №109 08.09.2021  

ҲАҚИҚАТИ СУҒД №109 08.09.2021  

Profile for 04838
Advertisement

Recommendations could not be loaded

Recommendations could not be loaded

Recommendations could not be loaded

Recommendations could not be loaded