14
Шеъри рўзгори мо
www.ruzgor.tj
№23 (023) 05 ноябри соли 2013
Ш
АРМУЃОНИ
«ЊАМЕШАБАЊОР» БА ИНЊО МОЊЇ НАДИЊЕД, БАЛКИ МОЊИДОРИРО ЁД ДИЊЕД Амири Каримї аз Мозандарони Эрон дар мањфил шеъри сафеди тулоние хонд. Дар шеър кўдакашро тасвир мекрад, ки дар хона дафтари шеърњои падарро пайваста хат мекашид, њама китобњоро хат мекашид. Ў чунон бузург буд, ки њатто Њофизу Саъдию Бедил, Афлотуну Арастуро низ хат мекашид, деворњои хонаро хат мекашид. Дар хатми шеър Амирї мегўяд, ки агар ба хонаи ман омадї, хатпоккуну (резинка) мусалсал (пулемёт) биёр. Бо
хатпоккун хатњоро пок кунему бо мусалсал кудакро битарсонем то ў љањонро хат назанад. Ў ба ман, ба роњбари мањфил ин маќоли ибратомузи чиниро (хитоиро) хотиррасон кард: ба инњо моњї надињед, балки моњидориро ёд дињед. Яъне, шеърашонро ислоњ накунед, балки худ ислоњкуниро ёд гиранд. Ин маќоли хитої ба ман њамчун ба роњбари мањфил хеле писанд омад. ХАЙРАНДЕШ
Мафтунаи НАЗИР, донишљўи курси аввали Донишгоњи Миллии Тољикистон, аз ш. Панљакент
Эътибор ЮСУФЇ ЉИГАРХУН Меравию рафтанат ќалбам љигархун мекунад, Њаљри ту дарди маро аз дида берун мекунад. Оташи сўзандаи ишќи ту, љоно, оќибат Рўзгорамро сияњ монанди Маљнун мекунад. Ёди ту дилро даруни сина месозад кабоб, Ашкњоям рўди пуртуѓёни Љайњун мекунад. Зери лаб гўям, Худоё, рањм кун бар њоли ман, Лек берањмї њамеша чархи гардун мекунад.
ДУХТАРИ ПАЗМОН Очаљонам! Аз миёни мардумони бешумор Зери пойи Парчами партавфишон Кош медидам Шуморо як назар Бо њамон симои хуршедии худ Боз мекардед ќалбам шўълавар.
Холи ОДИНА Алиакбари ЉОНФИДО, сардухтури Маркази саломатии №1, ш.Душанбе НАХОЊАМ БЕ ВАТАН БОШАМ! Бимирам, бекафан мирам, нахоњам бе Ватан бошам, Чу шири модарам лабташнаи оби Ватан бошам. Зи чанги Рўдакї аз тору пудам наѓма мехезад, Ки пайванди њазорон панди пирони кўњан бошад. Њама оњи фалак дар нолањои чангу най дидам, Ба назми пурнишоти Мавлавї дар анљуман бошам. Кафи хокат шавам ё абр андар ќулаат гардам, Ба табъи шод чун шоњаншањи мулки Яман бошам. Бимирам, бекафан мирам, нахоњам бе Ватан бошам.
ОН ГАЊ БА ЌАДРАМ МЕРАСЇ Рўзе парешон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї, Мўњтољи дармон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Хун карда чашмони маро пайванди дил бигсастаї, Рўзе пушаймон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Њоло чу гул бишкуфтаї, аз банди љонам растаї, Аз карда њайрон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Љамъи раќибони маро болои сар биншондаї, Танњову нолон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Эй бевафо, эй хирабин, бишкаста паймони маро, Дар чанги афѓон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Парварда ман ишќи туро, дар сина пинњон кардаам, Як рўз пазмон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї. Як умр љуё мешавї, њаргиз намеёбї маро, Бар хок яксон мешавї, он гањ ба ќадрам мерасї.
Бобораљаби ФАТЊУДДИН, донишљўи курси 1-и ДМТ
Мискин АЗИЗЇ, корманди Китобхонаи миллии Тољикистон
ЭЙ ХОК БАР САРАТ БОД! Миллат агар надорї, эй хок бар сарат бод! Давлат агар надорї, эй хок бар сарат бод! Бигзашт умрат, овањ, дар мољарои ќисмат, Њиммат агар надорї, эй хок бар сарат бод! Берун зи марзи кишвар рафтан тавон, валекин, Исмат агар надорї, эй хок бар сарат бод! Бањри дифои миллат омода бош доим, Вањдат агар надорї, эй хок бар сарат бод! Бобораљаб, миёни ањли каломи кишвар Њурмат агар надорї, эй хок бар сарат бод!
СЎЗИ ДИЛ Танамро дардњо афгор карданд, Ѓамамро беѓамон бисёр карданд. Ду поямро набошад тоби рафтан, Људоям аз рању рафтор карданд. На султон бошаму на банди султон, Маро аз њардуяш бекор карданд. Ба гўшам мерасад аз ѓайб овоз, Адабро бетамизон хор карданд. Фиребандозњо андар фиребанд, Ки айби худ зи нав такрор карданд. Надонад кас чї ояд пеш охир, Амал кам карда гап бисёр карданд. Сарам дар бистари хобам бимондам, Вале ѓамњо маро бедор карданд. Худоё, кун тарањњум бар Азизї, Ки гирдогирди ман девор карданд.
Назар ЭМОМ, ноњияи Шўробод ТАЌДИР Бо амри Худо њаме равам зери замин, Дар хок бимонанд, бигўянд омин! Он гањ ду малак пурсанд дину Раббам Таќдир њамин њасту њамин асту њамин.
Нодирхони АЛИХОН, шањраки Пахтаобод, шањри Турсунзода ЖАНДА Пир шавї, жанда шавї, Бо њама ту ганда шавї. Аз њама дилмонда шавї, Аз дари худ ронда шавї.
www.ruzgor.tj
e mail: info@ruzgor.tj
ruzgor@mail.ru