Tojikoni Rossia № 06

Page 9

×ÎÌÅÀ

ßêøàíáå, 26 ìàéè ñîëè 2013 (06)

"ОБЛАВА"

95

ХОНАНДАГОНИ МАКТАБЊОИ МИЁНА САФИ МУЊОЉИРОНИ МЕЊНАТИРО ЗИЁД МЕКУНАД -Имсол синфи 10-ро тамом мекунаму минбаъд синфи 11-ро нахонда, ба Россия ба кор меравам. -Чї хел, аттестат мегирї? -Хењ, ин проблема не, ба директори мактаб чор танга гусел мекунам, бинед, ки баробари њама синфи 11-ро тамом кардааму аттестат гирифтаам. Сони аз дигар тараф гиред, мактабро хатм намуда, хоњ нохоњ ба муњољирати мењнатї бояд равем, дигар илољ нест. -Хуб, о давраи мактабї њам ѓанимат аст, бозиву хурсандї бо њамсинфон, ишќи аввал…. -Як суханон, як суханон мегўед, о худи њамин сол аз мактаби мо 5 нафар хонандагони синфи 11-ро ба хизмати аскари "облава" карданд. Чї мехоњед, ки дар соли оянда маро рост аз паси мизи талабагї ба хизмати аксарї "шикор" кунанд? Не… Ин гуфтугўйи ду нафар љавон шояд ба назари бархе аз олами афсона тобаду дигаре кўшиш ба харљ дињад, ки њамаи инро нодида гирад. Шояд саввумин санги маломат низ занад, ки дурўѓ асту асоси воќеї надорад ва ба нигорандаи ин сатрњо тамѓаи "мутила"-ро низ часпонад. Вале, воќеият њамин аст, ки дар мавсими бањоронаи даъват ба сафи Артиши Миллї - сипари боэъти-

моди давлату миллат дар баъзе ноњияњои Тољикистон барои пур намудани наќша "облава"-ро дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї хеле хуб ба роњ монданду танњо бо ин восита тавонистанд, ки аз раиси шањр, раиси вилоят, калонњои соња гап нашунаванду "рапорт" дињанд, ки наќшаро 100 фоиз иљро кардем. Намедонам, аммо ваќте мавсими даъват њар сол ду маротиба оѓоз мешавад, аз куљое ба хотир наќшаи пилласупорї ба давлат, плани истењсоли пахта, љамъоварии хошок ва умуман зироатњои кишоварзї мерасад. Шояд аз он сабаб бошад, ки љавонони бечораи мо одатан дар наќши пиллаву пахта њастанду кормандони масъул пиллаќабулкунаку хлобпунктњо. Аммо яќинан бо ин усул наметавон њисси ватанхоњиро дар љанобони "иљборисолдат" бедор карду ба онњо њимояи марзу бумро дод. Раванди имсолаи иљрои наќшаи даъват ва истифода аз усулњои нав дар таъмини он бори дигар шањодат дод, ки меарзад ба кормандони маќомотњои иљроияи мањаллї ва љамоати шањраку дењотњо унвони ифтихории "Ихтироъкори бењтарин ва навовари такрорнашаванда"-ро дод. Њатто Наполеон низ натавонист чунин усули гениалї - сафар-

баркунии талабаи мактаб ба сафи Артишро кафш кунад. Браво, кормандони маќомотњои иљроия, Ањсан, масъулини мизи њарбї дар љамоати шањраку дењотњо!!! (Агар Сталин фањмад, "точно" дар гўр чаппа хоб мекунад, аз "ноўњдабаро"-ии худу аз "оригинал"-ии шумо!!!) Чї тавр "браво" њам нагўем, охир хатмкунандаи мактаби миёна - синфи 11 метавонад, ки њам хизмати Модар-Ватанро иљро кунаду њам шањодатномаи њуќуќи ронандагї ва њам шањодатнома дар бораи маълумоти миёнаро гирад. Бо як тир се фохта, њамин тавр не!? Хуб, дар мавсими бањоронаи даъват дар як ќатор мактабњои вилояти Суѓд "облава"-ро ба роњ монда, ба он ноил гардиданд, ки хонандагони синфњои 11, ки синнашон ба 18 расида, ба сафи Ќуввањои Мусаллањ фиристода шаванд. Баъди "шикор" кардани бачањо розигии онњо ва волидайнашонро гирифта, ваъдаи пионерї њам доданд, ки њатман фарзандатон њам шањодатномаи хатми мактабро мегираду њам шањодатномаи ронандагиро. Илова барин аз дастамон ояд шиносномаи миллиро низ дастрасаш мекунем… Ња, ногуфта намонад, ин бачањои "облавашуда" аз меъёр зиёд "прогул" доштаанду метавон осонакак аз мактаб "исключит" кард.

Вале масъулин, ки ѓамхоранд, чунин ваъдаву вадид кардаанд… Бино ба иттилои як тан аз муњассилини мадрасаи шањри Истаравшан бошад, хостанд аз ин мадраса чанд нафарро ба сафи Артиши миллї сафабар кунанд, вале шикорашон бебарор баромадаасту љавонони синни даъватї рў ба гурез нињодаанд. Вале ин гурехтан ба донишљўёни Донишгоњи Нави Россия дар вилояти Боткони Љумњурии Ќирѓизистон насиб нагардид. Наздик 40 нафар донишљўёни ин донишгоњ, ки сокинони вилояти Суѓди Љумњурии Тољикистон мебошанд, акнун "боњавас" либоси аскарї пўшида, "Ман калон шудаам, Ќањрамон шудаам, Бар Ватани худам, Посбон шудаам"-ро замзама менамоянд. Аз бахши дар Исфарабудаи Донишгоњи технологии Тољикистон низ 3 нафар "ихтиёрї" ба ќатори нигањдорандагони марзу буми Тољикистон даромаданд, ки дар назди мардонагияшон сари таъзим фурўд меорем, чї тавр фурўд њам наорем, охир директори филиалро аз гапшунавї наљот дода, сарашро ба осмон расониданд. Худо гўем, ки дар осмон ба сараш парандае беаќлї накунад. Албатта дарк мекунем, ки ба сафи

Артиши Миллї сафарбар кардани хонандагони мадраса ва ё бахши ким-кадом донишгоњ љанбаи ќонунї дорад, зеро маќоми мактаби олиро соњиб несту дараљаи бакалаврї намегирад. Вале дар масъалаи ба сафи Артиши миллї гирифтани хонандагони синфи 11 ин масъалаи дарднок аст ва барои миллату давлат оќибати нек надорад. Зеро бояд њамеша соњаи маориф дар мадди аввал бошад ва танњо тавассути маориф метавон ба кишвари пешрафта мубаддал гашт. Чун дар ин масъала хостем аз њуќуќшинос пурсиши назар кунем, љавоб шунидем: хонанда бояд аввал мактабашро хонад, вале наќша наќша асту онро бояд иљро кард!!! Мавсими даъвати бањорона низ ба охир расид ва он гўё дар манотиќи гуногуни Тољикистон сад дар сад иљро гашт, вале дигар наќша 1000 фоиз барои оянда иљроишаш таъмин карда шуд. Ин њам бошад, аз њисоби хонандагони синфњои болої зиёд шудани сафи муњољирони мењнатї дар нимсоли оянда ба Россия ва дигар љумњурињо. Пас, бо афсўс метавон гуфт, ки магар масъулини маъракаи даъват ба сафи Артиши Миллї дар Љумњурии Тољикистон "гўркови давлату миллати худанд"? Савол кушодааст, албатта! Рустам КАРИМОВ

Хватит быть "чурками"! Написать данную статья меня заставила девушка, которая поспорила на деньги и на то, что я не могу быть таджиком. После того как я показал паспорт гражданина Республики Таджикистан, а его я всегда нашу с собой, вместе с другой белой бумажкой, красивая девушка покраснев, сказала: Но они же другие! После этого гражданка РФ покинула наш круг, узнав мою национальность. Все продолжали дальше наслаждаться ночной московской жизнью, а я задумался... Какие же мы? "Таджикистанцы" в их глазах? Какие у них возникают ассоциации, когда они слышат слово “таджик”? Вспомнив недавний "Социологический опрос", я решил написать совершенно незнакомым людям, которые в нем участвовали и могли бы ответить на короткий вопрос: Кто такие таджики? А я напомню, что в опросе участвовали более 100 пользователей социальной сети "vk.com", граждане бывших союзных республик РФ, РБ и Украины. Возраст опрашиваемых от 18 - 45 лет. Стоит отметить, что участники опроса, связаны с определенной профессией, люди вполне адекватные и объективные в своих суждениях. Опрашиваемые с большой охотой и во всех красках описывали разные истории связанные с таджикским народом и с удовольствием отвечали на вопросы на данную тему. Поразительно, что почти 35% из 100 использовали словосочетания: бедный народ, жалко и нуждающиеся, что уже говорит о плачевной ситуации, которое вынуждено исправлять новое поколение, а этим заниматься, как минимум скучно. Думаю нынешнему правительству есть над чем задуматься и без промедления, вплотную заняться возникшей проблемой, ведь нужно как то оправдывать получаемую зар-

плату. Кстати "чурками" считают русские тех, кто приезжая в гости, нарушает местные правила приличия, если мягко выразиться. Вы меня спросите почему я поднял эту тему? Или зачем бить лежачего? Скажу так. Месяц назад я организовал группу, общественное движение, фонд "Children of Monday", у которой стоит задача поработать над имиджем страны. Так вот: каждый из Вас, дорогие "таджикистанцы", является представителем своей страны за рубежом, что прибавляет Вам ответственности на несколько килограмм. Ведите себя так, чтобы собеседник или прохожий, сказал спасибо вашим родителям за воспитание и захотел посетить нашу с Вами страну. Работать на стройке или заниматься "шуры -муры" вы всегда успеете, но вот годы и молодость, не вернуть. Давайте перестанем быть нацией "чурок" и гастарбайтеров, а вернем себе имя самого воспитанного, гостеприимного и культурного народа мира, кем мы были 20 лет назад. А как это сделать? Учитесь! А там видно будет. Если все правильно сделать, то много девушек проиграют в спорах.

P.S.

 õîäå îïðîñà ÿ èçó÷èë ìíîãî ìàòåðèàëà ñâÿçíîãî ñ Òàäæèêèñòàíîì è åãî ïîëèòèêîé (âíóòðåííåé è âíåøíåé), à òàê æå ñ ìèãðàöèåé è ò.ä. È ïîíÿë! Ó íàñ íå õâàòàåò ãðàìîòíûõ ìåíåäæåðîâ â ïîëèòèêå íàøåãî ãîñóäàðñòâà.

Мењмонхонаи «СИНО» дар шоњроњи Домодедово-Москва

Ќасидаи муњољир Сафар гузидаму тариќу роњро бад-ин њавас, ки бидњадам рафоњро. Хуш аст, Маскаво, канори дилкашат, Аз он ки додаї ту боргоњро. Тањи фазонаварди ман фикандаї палоси суфтаи фурудгоњро. Ќаторањои њиљратам дароз буд, кушодиям фарох истгоњро. Ба пешвози мошинам гирондаї чароѓакони сабзи чорроњро. Барои боздиди ман кушодаї васеъу беканора шоњроњро. Ба кохњову бурљњои сарбаланд ба осмон расондиям кулоњро. Вале, дило, малўл аз чї гаштаї? Ба ком дида суру базмгоњро, димоѓи хастаи ту хуш намешавад. Чаро кашидаї ту дарду оњро? Ало њабиб, рўи туст манзарам ба њар тараф, ки мебарам нигоњро. Хушо, чу даст бидњадам висоли ту ба гардун афганам лабакулоњро. Хушо, шабони дерпои ошиќї, салом дода ховари пагоњро, хамўшу лол дил ба њам фидо кунем, ба љуз вафо наёфта гувоњро. Хуш аст кокули туву вазиданаш чу сунбуле шамими субњгоњро. Хушо, ба гарданани дароз авехтан њамели ёсу ќоќуву гиёњро. Ало, ќаторкўњњои Зарфишон, ба сар нињодаед тољи моњро? Гањи ѓуруб чун диже фузудаед шукўњу ављи уфќи шомгоњро? Чу минбари баланд густаридаед бароям он бузург тахтгоњро? Ба сони ќуллањоятон надидаам

Это последняя статья на данную тему. Говорить и критиковать можно днями и годами, но лучше пересмотреть свою позицию на жизнь и заняться реальным делом. Хонаобод бошед. С уважением, Аслишо АКИМБЕКОВ

Саид Юнусиён Маскав, 2003

баланду пурфутўњ пойгоњро. Хушо, Работ, сабзпуштањои ту, рафоњ дода халќи хайрхоњро, ба гоњи иди фарвардин бигустарї гилеми махмалини љашнгоњро? Чу пайки рўзи нав ту мужда оварї суруди баччагони некхоњро?! Хушо, даме, ки рў сўи Ватан кунам, љуз он тараф надида саљдагоњро. Уќобвор љовидона дил дињам баландќуллањои зодгоњро. Ба тарк рафтан аз Ватан фасурдан аст. Макун, дило, дигар ин иштибоњро. Ѓамони њаљрро кашидаї нињон, ба чашм бурда айнаки сиёњро?! Ватан - аё бињишти орзуи ман, ба ѓайри ту наљустаам паноњро. Њамеша ояти муњаббати ту аст наљотбахш ќалби узрхоњро.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.