Тоҷикони Россия, 27.04.2019

Page 1

Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)

Интернет дар Тоҷикистон аз нав «зинда» шуд

хабари рӮз

1

Сах 3

Муовини Котиби Шӯрои амнияти Русия Александр Гребенкин: “«Ҳолатҳои ҷой доштани беэътиноӣ, ришваситонӣ ва эҷод намудани кашолкорӣ ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз тарафи мансабдорон ҷолибияти муҳоҷирпазирии Русияро коста мегардонад ва муҳоҷиронро ба вайрон намудани қоидаҳои муҳоҷират тела медиҳад... Ҳар чаҳорум шаҳрванди хориҷӣ дар Русия ғайриқонунӣ иқомат дорад. Дар аввали соли 2019 2,4 млн. нафар вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷирати ФР ба ҳисоб мераванд... Давоми соли 2108 72 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Русия маҷбуран ихроҷ карда шуданд ”.

№01 соли 2019, Шанбе 27 апрел www.tajinfo.ru

Мухочирони точик дар Русия чанд нафаранд? Акси

1

Ахиран, дар нишасти хабарии муштарак бо Владимир Путин, дар рафти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия, ки аз 16-ум то 18-уми апрел сурат гирифта буд, Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 480 ҳазор нафар донист: “Мавриди зикр аст, ки солҳои охир шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд,

“ЧангХои пинХон” ё тоҷику қирғизро кӣ ба чӣ дом тела медиҳад? Сах 4

тамоюли камшавӣ дорад. Ҳамин тавр, соли гузашта бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ тақрибан 480 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия рафтаанд.Ин шумора 50% камтар аз давраи авҷи ин раванд - солҳои аввали даҳсолаи равон аст, ки то 1 миллион муҳоҷири меҳнатии мо ба Федератсияи Россия рафтаанд”. (Давомаш дар саҳ.2)

Хошим Гадо:

Как могли не пригласить меня на вечер памяти Сах 5 Ватаева?!

АГАР АЗ ХОБ БЕДОР ШАВАД, БИГУЯМ...

Сах 7

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия ба имзо расид. Вазоратҳои салоҳиятдори ҳар ду давлат муваззаф шуданд, ки тибқи қонунгузориҳои кишварҳо, ин лоиҳаро роҳандозӣ намоянд. Созишномаи мазкур мустақилона ҷойи кор ёфтану ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро маҳдуд намекунад. Ёдовар мешавем, ки айнан чунин лоиҳа ҳанӯз соли 2012, аз ҷониби Намояндагии Хадамоти Федоролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва онвақта Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, вале ба муваффақияти назаррасе нарасида буд. Созишнома ӯҳдадории ҷониби Русия, оиди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои лозимаи муҳоҷирони тоҷикро пешбинӣ намудааст.ро

Бонки марказии Русия иҷозатномаи ташкилоти қарзии “Лидер”-ро бозхонд ва минбаъд интиқоли маблағ ба Тоҷикистон, тариқи ин низом ғайриимкон шуд. Аз рӯи маълумоти Бонки марказӣ дар ташкилот риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии Бонки марказӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, ва маблағгузории созмонҳои ифротгаро ошкор шуданд. Илова бар ин, дар тавозуни ташкилоти қарзӣ ҳаҷми назарраси дороиҳои ғайрисоҳавӣ ва қарзи дебитории баргарониданашуда ошкор шуданд.


2

сиёсат Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)

Ғуфрон Ваҳҳобов

«

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзе пеш аз вохӯрии расмии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Русия пешниҳод намудааст, ки “Як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Русия манъ гардидааст” афв шаванд. Ва аз рӯи ин манбаъ Президенти Русия ин пешниҳодро қабул кардаасту ба раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия супориши мушаххасе ҳам додааст. Аммо дар рафти вохӯрии ду ҳамто, яъне президентони Тоҷикистон ва Русия ин масъала баррасӣ нашуд ва агар баррасӣ шуда бошад ҳам, паси дарҳои пӯшида пинҳон монд. Зиёда аз ин, дар рӯихати ҳуҷҷатҳои ба имзо расида, масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик набуд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ афв карда мешаванд? Дар назари аввал, гӯиё ин далелҳо ифодагари нодида гирифтани пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин буда, ҳеҷ авферо интизор шудан лозим нест. Аммо ҷараёни татбиқи афви соли 2017 барои муҳоҷирони тоҷик ва инчунин афви имсола барои муҳоҷирони қирғиз эҳтимолияти рӯи кор омадани афвро тақвият медиҳад. Аз рӯи маълумотҳои гуногун, ки сомонаҳои расмӣ пахш карда буданд, дастикам 100 ҳазор тоҷикистонӣ дар доираи ин тасмим авф карда шуданд. Вале коршиносони соҳаи муҳоҷират ин рақамҳоро муболиға донистанду то ҳол дар ақидаанд, ки қисми ночизи муҳоҷирони тоҷик аз ин вазъият истифода карда бошанду халос. Ёдовар мешавем, ки афви соли 2017 танҳо он қисми муҳоҷирони

тоҷикро фарогир буд, ки дар қаламрави Русия ҳузур доштанду бо сабабҳои гуногун будубоши худро қонунӣ накарда буданд. Дар мавриди онҳое, ки маҷбуран ихроҷ (депорт) шуда буданд ва ё вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шуда буд, сухане намерафт. Аслан гирем, Русия шарики стратегии Тоҷикистон ҳисоб меёбаду мебоист барои шаҳрвандони шарики стратегиаш афви фарогиртареро мекард. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи марбут ба афв аз нуқтаи қарор ҳаракате накарда истодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сари чанд вақт коршиносону намояндагони расмии тоҷик вобаста ба масоили афв баромадҳо мекарданду ахиран ин пешниҳод аз ҷониби худи Президенти Тоҷикистон садо дод. Аммо то ҳол маълум нест, ки чӣ афве муҳоҷирони тоҷикро интизор

аст, ё умуман афв мешавад ё не?

Чароҳои чародор? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд худи раванди муҳоҷиратро таҳқиқ кард. Пӯшида нест, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз фишангҳои пурқуввати Кремл дар баҳсҳои сиёсӣ бо давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатист ва ҷониби Русия ин фишангро бо ягон ваҷҳ ҳам аз даст нахоҳад дод. Қонунгузориҳои соҳаи муҳоҷирати Русия, ҳарчанд вақтҳои охир хеле кам мушкилот эҷод мекунанд, аммо чунон тартиб дода шудаанд, ки имконият медиҳанд, ки бо баҳонаву сабаби ночизе низ шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ихроҷ намоянд, ё вуруди минбаъдаи онҳоро манъ

кунанд. Ва аз ин нуқтаи назар, пешниҳоди афви муҳоҷирон аз тарафи давлатҳои қувваи корӣ медода аслан хоҳиш аст. Хоҳишро метавон қаноат гардонид, ё метавон рад кард. Дар ин маврид, метавон махсус қайд намуд, ки дар масъалаи афв ягон ҳуҷҷати расмӣ то ҳол имзо нашудааст. Ин гуна ҳуҷҷат на байни ин давлатҳо ба тасвиб расидаасту на ягон санади расмии Кремл имзо шудааст. Танҳо дастури сарраёсатҳои марбутаи Тоҷикистону Русия, ки дар баъзе ҳолатҳо аз тарафи ниҳодҳои зертобеъ нодида гирфита мешаванд, имзо шудаасту халос. Афви имсола, ки барои шаҳрвандони Қирғизистон амалӣ шуда истодааст, гуиё такрори афви соли 2017 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бошад: ҳамон сару садоҳо нисбати дастоварди беназир аз тарафи мақомоти расмӣ, ҳамон ҳангомаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ. Ва афв танҳо ба ҳамон қисмати муҳоҷирон, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, дахл дораду халос. Танҳо мақомоти расмии қирғизҳо, дар замимаи эълонҳои афв, ишора мекунанд, ки ҳар нафар бояд худро дар сомонаи расмӣ тафтиш кунад. Фаҳмад, ки вуруди баъзе нафаронро иҷозат дода шудааст ё не? Ба истилоҳи дигар аз рӯйихати маҷбуран ихроҷшудагон ё вурудашон манъшудагон бароварда шуда бошанд? Ин дар он ҳол аст, ки Қирғизистон на танҳо шарики стратегии Русия, балки шомили Иттиҳоди ОсиёАврупост. Ва рафтуомади қувваҳои корӣ дар давлатҳои узвҳои ин иттиҳод тамоман озод аст. Акнун худ дар мисоли Қирғизистон ва умуман гирумонҳои Русия дар масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатӣ хулосабарорӣ кунед. Ин афвҳо танҳо қисмати кӯчаки муҳоҷиронро фарогиранду интихобианд. Бо назардошти кадом ҳолатҳо, нисбати ин ё он шаҳрванди хориҷӣ афв раво дида мешавад, номаълум аст. Яъне афви муҳоҷирони меҳнатӣ, аз афвҳое, ки маъмулианду ба муносибати ин ё он санаи таърихӣ, аз ҷониби ин ё он сарвари давлат қабул мешаванд, фарқ мекунад. Дар ҳолати дуввум ба нафаре, ки адои ҷазо мекунад, қаблан маълум аст, ки афв мешавад ё не. Чункӣ, чунин афвҳо ҳамчун санади расмӣ қабул гардида, дар он мухтасар ҳолатҳои татбиқи афв қайд шудааст. Аз ин хотир, муҳоҷиронро мебояд аз афв умедвории зиёдро интизор нашуда, будубоши худро аз рӯзи аввал қонуни гардонанд.

«

Мухочирони точик дар Русия чанд нафаранд? Давомаш. Аввалаш дар саҳ. 1 Аммо ин дар ҳолест, ки дар худи нишасти номбурда Президенти Русия Владимир Путин аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ёдовар шуда “маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикистониро барои аҳлу авлодашон ва иқтисодиёти кишвар” муҳим донист. Ин фарқияти азим -720 000 нафар аз куҷо пайдо шуд? Чаро сарвари ду кишвар маълумотҳои гуногун доранд? Барои сарфаҳм рафтани ин муаммо сараввал бояд бидонем, ки салоҳияти шуморидани муҳоҷирон дар дасти кист ва ин раванд чӣ гуна сурат мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки мо ҳанӯз соли 2013, дар яке аз шумораҳои “Тоҷикони Россия” маводеро зери унвони “Дар Хадамоти муҳоҷират як миллион нафарро гум карданд?”, рӯи чоп оварда будем, ки ба рост наомадани рақамҳои омории ду кишвар ишора мекард. Маводи номбурда сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буду ҳатто кормандони Намояндагии онвақта Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, қисме аз рӯзномаро мусодира намуда буданд. Инак анқариб шаш сол пас, дар рафти мулоқоти роҳбари ду кишвар ин нофаҳмӣ аз сари нав

боло омада, таваҷҷӯҳро ба худ кашид. Пӯшида нест, ки ба роҳбарони ду давлат ин рақамҳои омориро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия пешкаш менамоянд. Ва рост наомадани рақамҳои ду ҳамто маҳз “дастовард”-и ин ниҳодҳост. Дар ин маврид ба ки бовар намоем? Омори кӣ ба ҳақиқат наздиктар аст? Албатта тарафи Русия манфиатдор аст, то рақамҳоро зиёдтар гӯяд, ва манфиати Тоҷикистонин кам нишон додани шумораи шаҳрвандони худ асту ба даст овардани ҳақиқат дар ин ҳолат, амрест маҳол. Вале мо метавонем ба ҳақиқат наздик шавем, агар усулу роҳҳои ҳисоби муҳоҷиронро ба инобат гирем. Дар Русия махзани ягонаи электронии шаҳрвандони хориҷӣ, ҳанӯз солҳои аввали аср роҳандозӣ шуда буду дар Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони худро то ҳол варақҳисоб мекунанд. Яъне ҳангоми убури сарҳади Русия шаҳрванди хориҷӣ ба маъхази ягона дароварда ва ё бароварда мешаваду дар Тоҷикистон шаҳрвандон пеш аз сафар бояд варақаеро пур намоянд. Ҳар як муҳоҷири тоҷик ба хубӣ медонад, ки ин варақаҳо чӣ тавр пур мешаваду нодида гирифтани ин амал низ ҷой дорад. Ҳангоми бозгашт ба ватан , умуман ягон варақа пур карда намешавад.

Акси Сари чанд вақт Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотҳои омориро, бо ҷузъиёташ, дастраси умум мекунад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳисоботи солонаашон кӯтоҳ гуфта мегузаранд. Барои мисол омори расмии ду тарафро аз соли 2018 меорем: Русия: Ба акси рақами 1 нигаред. (саҳ.1) Чуноне, ки мебинем, танҳо соли гузашта 35 732 нафар тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул намудаанд. Чанд нафар муҳоҷир тоҷик соҳиби шиносномаи русист, ва дар оморҳо умуман наомадааст. Агар онҳоро низ ҳисоб намоем ва шумораи дорандагони мақоми зисти муваққатиро ба инобат гирему ба омори Путин зам намоем, рақами азиме пайдо мешавад.

2

Тоҷикистон: Ба акси рақами 2 нигаред. Пас ба рақамҳои кадом тараф бовар кунем? Ва ниҳоят бипурсем: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чанд нафаранд? Илова: Ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, бо чанд суол муроҷиат намудем, ки байни онҳо мавриди омор низ сухан меравад. Намояндаи Намояндагӣ, хабар дод, ки дархости мо расидааст ва посухи онҳо мавриди ҳамоҳангкунӣ бо Вазорат қарор дорад. Бори дигар, аз вазъият истифода намуда аз роҳбарияти Намояндагӣ хоҳиш менамоем бо мо суҳбат анҷом бидиҳанд ва ё ба суолҳои мо посух гуянд. Интизор мешавем.


Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)

3

интернет

Интернет дар ТоЧикистон аз нав “зинда” шуд

«

Қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешбинӣ намуда буд, ки аз 27-уми март нархи Интернет бояд ду баробар гарон шавад. Вале ин қарор баҳсҳои тундерову норозигии шадиди мардумро ба миён овард. Коршиносон ин қарорро ғайриқонунӣ хонда, салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисориро зери суол бурданд. Аслан, хадамотҳои зиддиинҳисории кишварҳои дигар назорат мекунанд, то ширкатҳо забон як карда, нархҳоро гарон накунанд ва ё дар сатҳи муайян нигоҳ надоранд. Вале дар Тоҷикистон, чанд сол аст, ки ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шудаанд, Интернетро танҳо аз Хадамоти алоқа яклухт харанд. Ин амал худ монополия кардани як соҳа асту бекор кардани ин қарор вазифаи ҷоноҷони Хадамоти инҳисорӣ ҳисоб мехурад. Вале ҳайҳот, ин хадамот баръакс, аз тарафи Хадамоти алоқа монополия шудани як соҳаро надида, нархи онро то осмони ҳафтум боло бурд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Тоҷикистон суръати Интернет дар қатори суръатпастони дунё меистоду бобати нарх дар аввалинҳо буд.

«

Инак, рӯзи 18 апрел ин қонун, ки байни мардум бо номи “қонуни 31” машҳур шуд, амалӣ шуду ширкатҳои мобилӣ саросема тарофаҳои худро иваз намуданд. Сару садоҳо баланд шуданду ин хабар то дирӯз дар сархати хабарҳои расонаҳо меистод. Бозори симкортҳои қирғизиву узбекӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ гарм шуд. Мардум аз паи муроҷиати дастҷамъона ба президент шуданд. Маълум шуд, ки ҳатто нархи Интернет,

«Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.»

«Бо боло бурдани нархи интернет мо мардумро муқобили ҳукумат мегузорем, чунки аксарият аз мавҷуд будани мақомоте чун Хадамоти зиддиинҳисорӣ огаҳӣ надоранд»

“Қарори боло бурдани нархи Интернет дуруст аст, ҳарчанд як қисми мардум ба он розӣ нест” Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ

“Интернет вабои аср аст”

»

Саидҷаъфар Усмонзода Раиси ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ

«Дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд мешавад, мардум аз имконияти хондани хабарҳоро дар ВАО маҳрум мешаванд”

“Росташ, аз болоравии нархи интернет ба таҳлукаи беандоза афтодани компютербеморонро дида, ангушти ҳайрат мегазам. Ба назарам, бисёр кори хуб шуд”. Ато Мирхоҷа

Сироҷиддин Абдураҳмонов, дар гузашта Эшони Сироҷиддин

шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик

тариқи симкортҳои русӣ дар Тоҷикистон (дар роуминг!) бо маротиб арзон будааст. Ба ин нигоҳ накарда, садои мардум шунида намешуду баръакс, нафарҳое пайдо шуданд, ки болоравии нархи Интернетро пазируфта, дастгирӣ намуданд. Пешдастӣ карда қайд менамоем, ки баъди бекор гардидани ин қарор, навиштаҳояшонро дар сомонаҳои иҷтимоӣ пок намуданд. Вале суоле боқӣ монд: - Ин дастгирӣ танҳо барои “лагандбардорӣ” буд ё ҳақиқатан онҳо дар ин ақида буданд? Ахиран, рӯзи 23 апрел, бо амри президенти Тоҷикистон ин қарор бекор гардид ва арзишу тарофаҳо ба асли худ баргаштанд. Инчунин, аз қавли дафтари матбуоти президен-

Шаҳло Акобирова, Раиси Шурои ВАО

ти Тоҷикистон “нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шуд”. То ҳол номаълум аст, ки “дастбакорон”-и ҳақиқии ин иқдом киҳо буданд ва чӣ муҷозот шуданд. Танҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода аз вазифа сабукдӯш карда шуд, вале соҳиби мансаби баландтар- муовини раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ гардид. Инчунин, аз гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи президент ба радиои “Озодӣ”, Эмомалӣ Раҳмон аз қарори мазкур огаҳӣ надоштааст. «ТР»


4

«

сарҳад Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01) ва ҳатто мавриди латукӯб қарор гирифт, аз мақом барканор карданд. Гуфта мешавад, сабаби барканории ӯ низ ҳамин иттифоқот дар марз буд. Мантиқан иттиҳомот ва ҳам мавзуъи “бесалоҳиятӣ ё манфиатдорӣ”-и Раззоқову Холмирзоев дар тааҳудоти ахир, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад, талоше барои барбод додани натоиҷи ин музокирот аст. Ҳамон нерӯе, ки дар ташаннуҷи авзоъ дар марзи ду кишвар манфиат дорад, намехоҳад, ки ин оташ хомӯш гардад.

Фахриддини Холбек, рӯзноманигор

Ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷомеаи ду кишвар сару садои зиёде барангехт ва ин моҷаро дар расонаҳои ҳар ду давлат ба таври густурда инъикос гардид. Сомонаи “Рӯшноӣ” як рӯзноманигори худро ба маҳалли ин баҳсҳо фиристод. Ҳадафи ин сафарба марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дақиқан, деҳоти Хоҷаи Аъло, Ворух ва суҳбатҳо бо афроде, ки аз оғоз дар ин баҳс шариканд, дарёфти посух танҳо ба як суол буд: мақомоти раддаи аввал ва афкори умум дар ду кишвар мутааҳҳид ба ҳалли мусолиматомези баҳсанд, аммо чӣ нерӯҳое низоъ меофаранд?

«

Дар ин марз “ҷангҳои пинҳон”–и тамомайёр ҷараён доранд. Ин бозиҳои истихборотӣ ба ҳамон ҷанҷоли аввал (соли 1989) бармегарданд ва мерасанд ба ҳодисаи кушта шудани як сокини Ворух аз тири марзбони қирғиз дар соли 2004, насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ Қалъача ва ё ҳам ҳодисаи соли 2014. Ин тавтиаҳо дуруст аз қабл тарҳрезӣ шуда, сипас, мавриди иҷро қарор гирифтаанд. Як нуктаи ҷолиб барои субути иддаои мазкур ин аст, ки замони тарҳрезии тавтиаи соли 2014 яке аз раҳбарони мухолифини Тоҷикистон аз Туркия ба Бишкек оварда шуда, таҳти ҳимояти вазири корҳои дохилии Қирғизистон қарор дошт. Мавориде ҳам зиёд буданд, ки талош карданд ҳатто музокироти миёни мақомоти ду кишвар барҳам хӯрад. Аммо силсилаи ҳаводиси ахир, ки 13 ба 15 март иттифоқ афтоданд ва бо кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистону захмӣ шудани ҳудуди 40 нафар аз ду ҷониб анҷом ёфтанд, ҳалқаҳои як занҷир буданд ва нишонаҳои як тавтиаи тамомайёри истихборотӣ ва аз қабл тарҳрезишударо доштанд. Тавтиаи қадам ба қадам 13 МАРТ. Қирғизҳо хилофи тавофуқоти қаблӣ сохтмони роҳи “Оқсой – Тамдиқ” (қисмати роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ – Кишемиш)–ро, ки аз минтақаи баҳсӣ мегузарад, аз сар гирифтанд. Ин мӯҷиби рӯёрӯии хушунатомез миёни сокинони деҳоти Ворух ва Оқсой шуд. Сабаби задухӯрди марзбонони ду кишвар дар соли 2014 низ маҳз шурӯъи сохтмони ин роҳ буд. 27 августи ҳамон сол дар Бишкек ду кишвар протоколи №34–ро имзо карданд, ки бино ба он, сохтмони “Оқсой – Тамдиқ” (Қирғизистон) ва роҳи “Исфара – Ворух” (Тоҷикистон) бояд дар як вақт шурӯъ шаванд. Раҳбарони ду кишвар хеле пештар аз ин — соли 2008 тааҳҳуд супурда буданд, ки дар қаламрави баҳсӣ то замони таъриф ва аломатгузории марз ҳама гуна сохтмон манъ шавад. Қирғизҳо соли 2018 ҳатто нагузоштанд, ки дар дохили деҳаи Тоҷикони Ворух як чоҳи об бо маблағгузории Бунёди Оғохон канда шавад, аммо огоҳона даст ба

Миллионҳои хунин

Аз чап - Тоҷикистон, аз рост - Қирғизистон/акс аз http://rushnoi.org

“ЧангХои пинХон” ё точику киргизро ки ба чи дом тела медихад? сохтмони роҳи Оқсой – Тамдиқ заданд. Мардуми ҷамоати Ворух, ки барои ҷилавгирӣ аз сохтмони роҳ эътироз карданд, аз сӯи сокинони Оқсой сангборон ва маҷбур шуданд даст ба иқдоми ҷавобӣ зананд. Бино ба иттилои онҳо, марзбонони қирғиз дар сафи пеши мардуми худ қарор доштанд, то он замон ки ҳамтоёни тоҷики онҳо омаданд ва ҳарду ҷониб даст ба дасти ҳам дода, мардумро пароканда карданд. Марзбонони қирғиз на дар ҷилавгирӣ, балки тақвияти муноқиша саҳм гирифтанд. Аммо оташи низоъ дар дода шуд. Бино ба сенария, бояд ҷуғрофиёи тавтиа тавсиа меёфт. Ҳамон рӯз дар Хоҷаи Аъло, деҳаи дигари марзӣ низ миёни тоҷикону қирғизҳо сангандозӣ ба вуқӯъ пайваст, аммо ин ҷо силоҳи оташфишон истифода шуд. Омӯзгор Ҳусейн Ҳакимови 43–сола, яке аз фаъолон ва лидерони мардумии Хоҷаи Аъло, ба шаҳодат расид. Расонаҳо навиштанд, ки ӯ аз тири туфанги шикорӣ кушта шуд, аммо ҳамсeҳбатони мо бо истинод ба ташхиси тибби судӣ мегӯянд, ӯро тактирандоз ё снайпер аз миён бурдааст. Оё истихбороти Қирғизистон ӯро огоҳона пайгирӣ мекард? 14 МАРТ. Барои фурӯкаш кардани низоъ раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд сари мизи музокирот нишастанд. Ҳамсeҳбати мо, ки дар миёни ҳайати Тоҷикистон буд, мегӯяд, “ин вақт дар деҳаи Тоҷикон як милисаи қирғиз савори мошин миёни издиҳом пайдо шуда, ба тирандозӣ аз таппонча ба ҳаво оғоз ва пас аз шиллики 5 тир фирор кард. Ин кори ӯ миёни мардуми Оқсой ин сарусадоро барпо намуд, ки милисаи қирғизро тоҷикон заданд”. Ҳадаф барҳам задани музокирот буд, ки амалӣ шуд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, он шабу рӯз дар Оқсой як гуруҳе амал мекард, ки либоси мулкӣ ба бар дошт ва мардумро таҳрик медод. “Онҳо аз воҳиди нухбаи “Каждум” (Скорпион)–и Вазорати дифоъи Қирғизистон буданд. Мо-ку ҳамсояем, мардуми Оқсойро мешиносем. Онҳо оқсойӣ набуданд. Маҳз бо талоши он гуруҳ рӯзи 14 март мардуми Тоҷикон ва Оқсой бори дигар ба сӯи ҳамдигар сангпаронӣ карданд. Дар

ин вақт “каждумҳо” дар посгоҳҳо ҷой гирифта, Рафоҳиддин Тешаев, сокини 26–солаи Тоҷиконро ҳадафи тир қарор доданд”,– қисса мекунад ҳамсуҳбати мо. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар миёни ҷавонони Оқсой маҷҷонӣ машруб тавзеҳ шуда буд ва як тӯда ҳатто волии вилояти Бодкандро латукӯб кард. Ба муаллифи ин сатрҳо муяссар шуд, бо як сокини Оқсой, ки дар саҳна ҳузур дошт, суҳбат кунад. Вай гуфт, вақте мо кушта шудани он ҷавонро дидем, ба худ гуфтем, ки як кори дигар дар ҷараён аст ва даст аз хушунат бардоштем. “Ба мо гуфта буданд, ки ҳадаф ҳимоят аз тарҳи роҳ аст ва ин роҳ ба фоидаи мо тамом мешавад, аз ин хотир, бояд бархезем. Ибтикор пурра ба дасти ҳамон гуруҳи аз хориҷ ба саҳна воридшуда буд”, – афзуд ӯ. Роҳи Ворухро бастанд, ҳатто иҷоза надоданд, ки ҷанозаи Рифоҳиддин Тешаевро аз Оқсой убур диҳанд, то он даме, ки мӯйсафедон даст ба кор нашуданд. Ҳадафи коргардонони тавтиа бештар ба шӯр овардани мардуми ду тараф, қабл аз ҳама фаъолтар кардани мардуми Ворух ва низомиёни тоҷик буд. Ҳатто намояндагони Салиби Сурхи байналмилал низ ба Ворух роҳ наёфтанд, то қазия ҳангомаи бештар ва обуранги байналмилалӣ гирад. Низомиёни қирғиз ба онҳо рӯйрост гуфтанд: “Мо амнияти шуморо замонат дода наметавонем!” 15 МАРТ. Вақте раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд ба ҷое нарасиданд, аз Душанбеву Бишкек ҳайатҳои баландпоя омаданд. Ҳайатҳо таҳти раҳбарии муовинони сарвазир – Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов, вазирони корҳои дохила – Рамазон Раҳимзода ва Қашқар Ҷунушалиев, фармондеҳони неруҳои марзбонӣ – Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев, ҳамчунин раҳбарони мақомоти дигар музокира анҷом доданд. Қарор қабул шуд, ки муштарак ҳодисаро таҳқиқ ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон хоҳанд расонд. Аммо ҳанӯз ранги навиштаҳои коғази ин санад хушк нашуда, бегоҳи ҳамон рӯз

дар деҳаи Кӯктоши Бодканд Суҳроб Холиқбердиеви 35–сола, ки модарзод гунгу ношунаво буд, аз дасти як тӯда ваҳшиёна латту куб шуд. Интизори дастандаркорон аз ин латту куби ваҳшиёна эҳтимолан дубора баргардонидани тавтиа ба нуқтаи оғоз буд, ки ҷонибҳо ба он дода нашуданд ва шиддати ташаннуҷ батамом бардошта шуд. Ҳамин тавр, тавтиаи тарроҳишуда аз сӯи иҷрогарон қадам ба қадам амалӣ гардид, аммо ба ҳадаф нарасид. Ҳамсуҳбати мо аз ҷумлаи мардуми Оқсой мегӯяд, “он гуруҳи машкук вазъеро ба вуҷуд овард, ки мардуми деҳа наметавонистанд дар муқобили онҳо ҳарфе зананд. Ҳар касеро, ки мухолифат мекард, “хоин” эълон ё таҳдид ба латукӯб мекарданд. Касе аз сокинони Оқсой намепурсид, ки чӣ кор кунанд ва чӣ кор накунанд”. Хулоса, он чӣ 13 ба 15 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтод, тасодуфҳое набуданд, ки даст ба дасти ҳам дода, ду кишварро дар ҳолати ҷангӣ қарор доданд. Гузашта аз ин, ин бозии навбатии истихборотӣ дар дигар саҳна – Бишкек идома ёфт. Сарварии музокирот барои Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон осон тамом нашуд. Дар Бишкек ҳанӯз дами пояш наомада, расонаҳо ба ӯ иттиҳоми “ҷосуси Тоҷикистон”-ро бастанд. Дар асл ин гап соли 2016 дар як расонаи машкук рӯ зада буд. Раззоқов — он замон волии Бодканд — дар музокирот аз Қирғизистон намояндагӣ мекард. Ӯ баъдтар муовини сарвазир, котиби Шӯрои амният, мушовири президент ва боз муовини сарвазир таъйин шуд. Намояндагони мардумӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои Қирғизистон талаб карданд, ки ҷосус будан ё набудани ӯ таҳқиқ шавад. Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон 1 апрел ин таҳқиқро анҷом дод ва Раззоқовро “сафед” кард. Аммо суол ин аст, ки чаро чор сол ба ин сӯ ҳама хомӯш буданд ва маҳз пас аз музокирот бо Тоҷикистон ва ба эътидол омадани вазъ дар марзи ду кишвар ин сарусадоҳо баланд шуданд? 1 апрел волии Бодканд Абиш Холмирзоевро, ки низ дар фурӯ кашидани ташаннуҷ саҳми бориз дошт

То ин ки киву чӣ будани ин гуруҳро бишносем, муруре ба асрори пинҳони низоъҳои марзӣ мекунем ва хоҳем дид, ки масъала ҷиддитар ва вахимтар аз он аст, ки ба назар меояд. Огаҳони ҳол дар Исфара мегӯянд, пушти ин ҳама тавтиаҳо як нерӯе истодааст, ки аз сӯи кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ (ки зарур нест номашон ин ҷо оварда шавад, аммо барои мақомоти ду кишвар маълум аст) пуштибонӣ ва сармоягузорӣ мешавад. Мантиқан, Қирғизистоне, ки буҷаашро худ пурра таъмин карда наметавонад, аз куҷо барои як тарҳ, он ҳам дар қаламрави баҳсӣ пул пайдо кунад? Агар тавонад ҳам, аз куҷо хилофи қавонини байналмилал ва рӯйрост тааҳҳуди хешро дар сатҳи олӣ бо Тоҷикистон мешиканад? Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин нерӯ бо пуштибонии хориҷӣ солҳо ба ин сӯ ҳукумати Қирғизистонро дар кори иҷрои як тарҳе ба унвони “Саман” (ҳамчунин тарҳ дар расонаҳои расмӣ зикр намешавад) андармон кардааст. Тибқи ин тарҳ, қирғизҳо бояд ба саргаҳи каналҳои Масчоҳӣ ва Меҳнатобод (Тоҷикон), ки заминҳо ҷамоатҳои Воруху Чоркуҳ ва ҳам ҳудудҳои ҳамҷавори қирғизро обёрӣ мекунанд, соҳиб шаванд. Роҳи “Кӯктош-Оқсой”, ки идомааш бояд “Оқсой – Равот – Исфана” мебуд, маҳз аз сӯи ин нерӯ бо Тамдиқ “такмил” шуд (ин роҳ сабаби муноқишаҳои соли 2014 ва марти соли ҷорӣ буд). Зоҳиран, дар ҳоли сохта шудани ин роҳ қирғизҳо ба саргаҳи дарёҳои ин минтақа – Карафшин ва Кишанбиш (ки як шуда, дарёи Исфараро ташкил мекунанд) тасаллут пайдо мекунанд. Тақсимоти оби ин дарёҳо аз соли 1909, замони хони Қӯқанд расман дар ихтиёри аҳли Ворух аст. Аммо агар роҳи “Оқсой – Тамдиқ” сохта шавад, ҳаракати техникаву расонидани таҷҳизот ба саргаҳи дарёи Карафшин осон ва зерсохторҳо сохта хоҳанд шуд, ки манобеъи обӣ ва ҳам як ҳудуди қобили мулоҳизаи Ворух дар ихтиёри қирғизҳо қарор хоҳад гирифт. Ҳамин тавр, вақте контроли об ба дасти қирғизҳо афтад, шароит барои амалӣ кардани ҳадафи дигар - эҷоди захирагоҳи об - фароҳам меояд. Назорати оби ду дарё ба таври худкор, Қирғизистонро, ба истилоҳи ҳамсуҳбатони мо, ба “қассоби дарё” табдил медиҳад, ки “аз моли куштааш ҳаққашро мегирад”. Ин дар ҳолест ки худи Тамдиқ (тоҷикон он минтақаро Лар меноманд), қаламрави баҳсӣ аст. Дар деҳаи Ворух як гузари Лар аст, ки тариқи он ба чарогоҳҳои Лар рафта меоянд. Назорати об ба Қирғизистон имкон медиҳад, ки заминаи ҳадафи навбатӣ - кандани нақби обгузар барои обёрии даштҳои Лолаку Равот дар қисмати ноҳияи Лайлак – фароҳам шавад. Ин ноҳияи Қирғизистон, бино ба бархе иттилоот, беш аз 150 ҳазор гектар замини лалмӣ дорад. Тарҳи нақби обгузар соли 1981, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, омода шуда, вале амалӣ нашудааст; (Идома дорад)


Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)

5

Ҷомеа

Хошим Как могли не пригласить меня Гадо: на вечер памяти Ватаева?! «Что бы со мной не произошло, куд бы меня не забросила судьба, я всегда буду помнить о том, что мои истоки, как актера уходят в таджикскую землю». Бимболат Ватаев СОРОО - Таджикская диаспора «Памир» во Владикавказе приняла участие в Вечере памяти заслуженного артиста РСФСР, Лауреата Государственной премии Таджикской ССР им. Рудаки и Государственной премии СОАССР им К.Л. Хетагурова, обладателя звания «Человек - народное достояние России», кавалера ордена «Дружбы народов России» - Бимболата Ватаева. Почтили память этого великого человека Министр по делам национальностей РСО-Алания Цуциев Аслан Аркадьевич, Руководитель межрегионального движения «Наша Осетия» Лагкуев Вячеслав Магомедович, а также депутаты местного парламента, председатели культурных центров РСО-Алания. Вечер памяти вел заслуженный артист РСО-Алания Валерий Цариев. Открыл вечер документальный фильм о жизненном и творческом пути Бимболата Ватаева, где особое внимание было уделено его творчеству в Таджикистане, о его ролях в фильмах «Сказание о Рустаме» и «Хасан арбакеш». …«Попробоваться на главную роль в фильме «Сказание о Рустаме» («Рустам и Сухроб») было много желающих, но никто не подходил, - вспоминал как-то при встрече с корреспондентом «Азия Плюс» советский и таджикский актёр, режиссёр кино, народный артист Таджикистана, Марат Орипов. Именно Орипов предложил режиссеру фильма - Борису Кимягарову, брутального, яркого Бибо. «Тот сначала замешкался: «Скажут, что я на роль таджика беру «не таджика»?». Тогда-то и возникла идея привести Бориса Кимягарова и Бимболата Ватаева к известному таджикскому поэту Мирзо Турсунзаде, который одобрил бы Бибо на роль Рустама. «Да он готовый Рустам, - сказал тогда Турсунзаде. - Конечно, я подтверждаю, что он таджик. Вы же таджик? – Да, я и таджик и осетин, - смущенно ответил Б. Ватаев». (Подробнее: https://news.tj/ru/news/life/ culture/20120317/osetin-po-rozhdeniyutadzhik-po-prizvaniyu) - Когда у меня спрашивали - почему все же Рустама сыграл осетин, а не таджик, я всегда отвечал: «Бибо Ватаев имеет к Шахнаме такое же отношение, как любой таджик, ведь он как и мы принадлежит народам иранской группы, - вспоминает Давлат Худоназаров, Председатель Федерации Союза кинематографистов СССР, Народный артист Таджикской ССР, - Всегда с радостью вспоминаю

Бимболата, человека жизнерадостного, энергичного и любящего Таджикистан. Он многим таджикистанцам запомнился именно в образе своего героя- Рустама, главного эпического героя Шахнаме, богатыря необыкновенной силы, мужественного и благородного. Он таким был и в жизни. Очень жаль что, он так рано ушел. - Дорогие наши таджики! До последнего нашего часа мы будем счастливы тем, что судьба подарила нам возможность быть знакомыми с этой древней культурой, подарившей мировой цивилизации Авиценну и Фирдоуси, Хайяма и Рудаки, Навои и Саади, Мирзо Турсун- заде и Мумина Каноата - с этим донельзя доброжелательным и гостеприимным народом!- написал Дамир Рахматов из Душанбе организаторам вечера. - Мы понимаем ваши чувства! Мы все вместе, мы едины! Мы сегодня, растроганные от избытка чувств, обнимали незнакомую нам таджикскую молодежь, принявшую активное участие в юбилейных торжествах Б. Ватаева! Если бы он мог знать это, мог предвидеть, что через 20 лет после Его скоропостижной, безвременной кончины, его творчество, так мощно отзовется в нашей молодежи, которые по сути были инициаторами этих

торжеств!, - пишет Халлаева Аза Юрьевна, старший преподаватель педагогического факультета Северо,-Осетинсаого университета им. К.Л. Хетагурова, - «Сказание о Рустаме», «Рустам и Сухроб» и еще много фильмов. Народный артист РСФСР, заслуженный артист Таджикской ССР, любимец таджикского народа. Как мы им гордились! Какой красивый был! Эталон настоящего мужчины. Когда в середине 70-х мы смотрели «Сказание о Рустаме» в самом лучшем кинотеатре Душанбе, в зале были сотни человек, а наши сердца от гордости за великого земляка готовы были выскочить из груди! Легендарный Бибо! Он, красивый, талантливый, улыбающийся, живет в памяти каждого из нас. К слову, Аза Юрьевна выпускница факультета русского языка и литературы ДГПИ им. Т Г Шевченко, с 1981 по 1988 год работала на кафедре современного русского языка и общего языкознания Кулябского госпединститута им А Рудаки и кафедре русского и славянского языкознания ТГУ им В. И. Ленина, участвует практически во всех мероприятиях таджикской диаспоры. - Помимо положительных отзывов после окончания вечера, мы получили много сообщений с благодарностью, - говорит Со-

дик Назаршоев, заместитель руководителя таджикской диаспоры «Памир», - особенно от наших земляков-осетин, с которыми мы поддерживаем постоянную связь, но по разным причинам не смогли присутствовать на вечере. - Поистине Бимболат Ватаев был большим нашим другом, - вспоминает Арсен Худододов, руководитель таджикской диаспоры, -он всегда останется для таджиков великим и родным человеком. Такой след, который он оставил в Таджикистане, еще никто никогда не оставлял, мы его помним и уважаем. Честь и хвала ему за то, что сблизил наши народы.

ОБИДНО

Народный артист СССР, Народный артист Таджикской ССР Хошим Гадо, партнер Ватаева по нескольким фильмам, узнав о вечере, отказалься от беседы с нами: - Как могли не пригласить меня, сыгравшего роль сына, на вечер памяти моего кинематографического отца?! Обиду великого Эдипа мы, естественно, донесем до СОРОО Таджикская диаспора «Памир».


6

сканворд Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)


7

фарҳанг Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01)

Тақвими

Хайриддини Абдуллоҳ,

«

моҳи Рамазон

устоди забону дабираи порсӣ

дар шаҳри Москва (Пойтахти Русия). Соли 1440 (ҳиҷри қамарӣ)

Агар бихоҳем масъалаи ҳувийятро бозшиносӣ кунем, бояд бидонем, ки ҳувийят лояҳои гуногуне дорад. Як ҳувийят фардӣ аст. Ҳувийяти фардӣ, яъне ман кистам, падарам кист, модарам кист, бобоям кист, ба чӣ хонаводае нисбат дорам?

«

Ҳувийяти дигар ҳувийяти динӣ мебошад, ки тибқи он бояд донист, ки ба кадом шаҷоир, ба кадом маносик пайвандам, чӣ дине, чӣ мазҳабу тариқате дошта ва чӣ андешае зеҳну ҷаҳони маро шакл медиҳад. Ҳувийяти иҷтимоӣ, ки бояд до-

АГАР АЗ ХОБ

БЕДОР ШАВАД, БИГУЯМ... нист, дар миёни гурӯҳҳои ҷомеа, дар миёни ақвоми гуногун бо чӣ номе худамро муаррифӣ мекунам, ки ном бароям ифтихор бошад ва ном маро ҳамчун курсӣ зери пой баланд намоиш диҳад ва ин лояҳои гуногун рӯи ҳам менишинанд ва ҳеҷ таорузе бо ҳамдигар пайдо намекунанд, чи басо ки ҳамдигарро тақвият ҳам мекунанд. Дигараш ҳувийяти забонист, ки ман бо чӣ забоне гап мезанам ва бо мардум сару кор дорам ва бо чӣ забоне меандешам, забони модарии ман чист? Ин ҳувийятҳо чизест, ки дар фазои зеҳни ман, дар фазои зеҳни дигарон маро мешиносонад. Вале мутаассифона насли имрӯз ҳамаро бо ҳам меомезад, на сарзаминашро хуб мешиносад ва на нажоду забону хатташро. Ва бадтар аз ин, имрӯз мутаассибоне ҳастанд, ки танҳо ҳувийяти динии ғалати ифротияшонро медонанд ва ба ҳувийяти миллияшон нафрат доранд.

Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоии ман чист? Ман аз назари иҷтимоӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбекистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд? Бигӯям, онҳо ҳам тоҷиканд. Ту тоҷики тоҷикистонӣ ҳастӣ. Пас агар бигӯяд ман сиву панҷ сол умр дорам ва ин Тоҷикистоне, ки ту мегӯӣ, бистушашсола аст. Боз бигӯям, ту аз Тоҷикистоне ҳастӣ, ки дар замони шӯравӣ пайдо шуд. Пас боз қаноат накарда ва бигӯяд, ин чӣ ҳувийятест, ки бо имзои Истолин ба ман бахшида шуд? Пас ман кистам? Бигӯям, ки ту табааи Самарқанду Бухоро ҳастӣ, ки онҳо дар миёни шиками кишвари дигаре фурӯ уфтодаанд. Ва пеш аз он ки ба шиками он кишвар бираванд, амирнишине буданд, сиёсати рӯзгор инҳоро чархондаву

чархонда, ки кунун дар шиками Узбекистон фурӯ уфтодаанд. Пас агар боз гӯяд, ман кистам? Пас ночорам ӯро ба таърих бибарам, аз долонҳои таърих убур бидиҳам ва бо мошини замон ӯро бо сиёҳии ҷангҳо, кушторҳо, дастгардон шудани сарзаминҳо ва ӯро ба Форси Бузург бирасонам. Ва бигӯям, ки ту ҳувийятат, буданат як будани фарҳангист, пеш аз он ки будани ту, ҳувийяти ту як ҳувийяти сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад. Ту ба як мақулаи фарҳангии бузурге тааллуқ дорӣ, ту форс ҳастӣ ва Эрон маҳдуд ба ин сарзамине нест, ки ба номи Форси Бузург ва шабеҳи гурбаи нишастае рӯи нақша пайдо мешавад, на, балки ту ҳамон эронии фарҳангӣ ҳастӣ, ки марзҳояш аз даруни Ироқ шакл мегираду то марзҳои Чин меравад ва аз канораҳои Халиҷи Форс сар мешавад, то шиками тоторҳо меояд, ки дар ин маконҳо яке аз нишонаҳояш Наврӯз аст, яке аз мушаххасоташ забон аст, ки беш аз

Восток - дело тонкое. Накормим вкусно, щедро, от души и по доступным ценам.

ҳазор сол ба ҳамин забон мардумонаш ҳарф мезаданд ва пеш аз он, ки арабҳо Исломро ба ин сарзамин оварданд, форсҳо порсигӯй буданд ва аз даврони забони порсии миёнаашон гузашта буд. Хату забони давлатии ин минтақаҳо ҳама порсӣ буд, бо вуҷуди ин ки аз нажоди бегона ба монанди Темури хунхору Маҳмуди меҳансӯз гоҳе бо зулму ситам ҳукуматро дар Бухоро, Шероз то Балх хунхорона забт мекарданду амирӣ мекарданд. Тамоми ҷаҳон гувоҳ аст, ки то замони шӯравӣ забону хатти давлатӣ дар саросари Мовароуннаҳр порсӣ буд. Пас маҷбурам, ки гӯям, ту кистӣ? Ту ҳувийяте дорӣ, ки мутааллиқ ба чунин фарҳанги волост, ҳамон фарҳанги “Маснавӣ”, “Гулистон”-у “Шоҳнома”. Ҳувийяти ту ба Фирдавсӣ вобаста аст, ба Саъдӣ гиреҳ хӯрдааст, бо Рӯдакӣ нишастааст, ба Ҳофиз дил бастааст. Ҳарчанд акнун алифбои ниёконатро бубинӣ, намешиносӣ, ононро

Плов-хаус, халяль в Москве: адреса, м. Таганская 1-й Гончарный пер. д.4 стр 1. Телефоны,+7 966 087‑96-96, +7 495 205‑30-55.

хутути каҷу муавваҷ мебинӣ, вале ҳувийяти ту ба забонат пайваста аст, ба таърихат пайваста аст, сарфи назар аз ин, ки номи забонатро аз порсӣ ба тоҷикӣ, ва дабираатро аз порсӣ ба сириллик, ва сарзаминатро аз Бухорову Балху Шероз ба як дашту деҳаи беному нишони дирӯз бунёдшуда бо номи Душанбе иваз карданд. Акнун чунон манқуртат сохтаанд, ки худат худатро намешиносӣ, ҳоло куҷо расад ба нажоду забону дабираву сарзаминат. Дониста бош, ки агар худро аз қавми Форси Бузург ва хатту забонатро порсӣ надонӣ, пас аз имрӯз Фирдавсиву “Шоҳнома”-ашро, Саъдиро бо “Гулистон”, Мавлоноро бо “Маснавии маънавӣ”, Ҳофизро бо “Девон”-аш, Хаём, Низомӣ ва ҳазорон орифону шоирони бузурги эрониро аз худ нашумор ва номашонро бо ифтихори нимшикаста ба даҳон нагир. Зеро ҳеҷ кадоме аз ин бузургон бо хатти сириллик мисрае ҳам нанавишта ва шаҳри Душанберо надида ва Душанбе ҳам он замон вуҷуд надошт, ҷуз як дашти ботлоқзор набуд. Лек ногуфта намонад, ки ин шаҳри Душанбе ҳам бо чи ҷонбозиҳои бузургонат ба даст омаду ба як кишвар ва давлат мубаддал гашт. Танҳо дар ин даҳсолаҳои охир ба шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузурги дунё табдил ёфт. Инҷунин мавриди ёдоварист, ки ин пешрафту дастовардҳои беназир натиҷаи заҳматҳо ва кушишҳои абармардони миллати сарбаланди тоҷик мебошад, ки кишварро гул -гулшукуфон ва давлати тоҷиконро дар арсаи байналмиллали муаррифӣ намуданд.


8

Хонандаи азиз! Анқариб 20 сол рӯзномаи “Тоҷикони Россия” дар Маскав чоп мешавад ва қисми зиёди он ройгон аст. Ҳоҷат ба гуфтан нест, ба ҳамагон маълум аст, ки ин ягона рӯзномаи тоҷикӣ дар Русия мебошаду мустақиман муҳоҷиронро аз ахбороти лозимӣ воқиф месозад. Вале буҳрони иқтисодӣ дари моро низ кӯфт. Имрӯз мо ба дастгирии ту ниёз дорем ва рӯи чоп омадани шумораҳои оянда дар дасти туст. Тариқи гузаронидани ҳар маблағ, метавонӣ ҳиссаи худро гузорӣ. Корти Сбербанк: 5469 3800 2895 6471

Субҳ ба хайр, имрўз ҳам холӣ омадӣ? -Не, аблаҳ, кавдан, бесавод. Ҳоло субҳ нест, балки шом аст! -Хайр чӣ? Магар шом аз субҳ фарқ дорад, дар ҳарду ҳам мо “ба хайр” мегўем.. -Мммм, шояд ту хеле доноӣ ё бўйи араҷро шомида, маст шудаӣ?? -Шояд, аммо ман арақро надидам. Дар ҳақиқат арақ овардӣ? -Бале, ду шиша... -ЭЭЭ офарин, ту бузургӣ, аҳсан, раҳмат ба ту ва ба ҳазор пуштат, через 100 пушти баъдият. Илоҳо гузаштаҳоят як мў аз сарашон кам нашаваду баъдиҳоят бўйи ролтонро нафаҳманд. -Э шуд, биё сар кардем.... Менўшем ба хотири фардо! -Не! Ба хотири ҳамин ҳоло мебардорем. -Чаро? -Фардо интернет қиматаш боло меравад ва моро фардои дигар интизор аст. -Хайр, ба хотири ҳамин лаҳзаҳо, бардоштем... Ҳарду хеле менўшанд ва пас аз хеле нишаст суҳбат рангоранг мешавад.. -Биё мон ҳамин гапҳоро интернет ҳеҷ вақт гарон намешавад, ман сад фоиз гарантия медиҳам. Агар интернет дар мо қимат мешуд, дар Афғонистон арзон намешуд. -Агар 500 фоиз гарантия диҳӣ, боз через ҳазор пушти ояндаат ҳам 500 фоизӣ гарантия диҳӣ, интернет қимат мешавад. - Хай қимат шавад шудан гирад, мо давлати пешрафтаем бояд аз Амрикову Аврупо боло истем. - Кавдан, воҳима мекунӣ, ду шиша арақи ваъдагиро дар се сол базӯр овардӣ, боз ту Европа мегўйӣ. Дар он ҷо ҳар сари қадам арақ рехтагӣ... -Хайр ягон сабаб доштааст, ки қимат кардаанд, беҳуда магар қиммат мекунанд. Нигоҳ кун, аввал ҳамин интернет худаш зараровар чиз, ҳама пиру ҷавон ҳозир дар сари компютер, охир чашмашон хира мешавад. - Ин гапат рост. Воқеан дуруст, ҳамин мақомот беҳуда ин корро намекунанд. Онҳо доно, олим, гений, гения генияш! Мефаҳмӣ! -Нав фаҳмидам барои чӣ нархи орд қимат шуда будааст, охир қимат шавад, ки мардум камтар истеъмол кунанд. Истеъмоли зиёди маводи хамирӣ одамро ба касалиҳои гуногуни глобалӣ гирифтор мекунад, аз ҷумла диабети қанд ва баъзан диабети кафандаро. -Бале, бале. Ин хуб аст. Офарин ба касе кӣ, ҳамин қарорро пешниҳод кардааст. Охир мегўянд ку беҳуда Худо наметияд, ин хирадмандӣ, ин бузургӣ, ин қаҳрамонӣ, ин паҳлавонӣ, ин меҳанпарастӣ, ин намунаи олии гения генияш. Ҳатто ҳамин Амрикову Аврупо ҳам дар ин масъала аз мо ақиб афтоданд. Ана онҳо ҳамин қадар олиму доктору профессору академияву институт доранд, лекин ҳамин чизи оддия сто лет ақлашон намегирад. О гение, о молодетс. О бузурги аср. - Боз як чизи дигар, ҳамин мардум

Шанбе, 27 апрелè ñîëè 2019 (01) «Таджики России» - независимая газета на таджикском и русском языках Издание Таджикского Медиа Холдинга TAJINFO Главный редактор: Гуфрон Вахобов Верстка и дизайн: љамолиддини љумъа, e-mail: j.kholbekov@inbox.ru, samak.aierov@inbox.ru, тел: +7(999) 969 -89-66 Корреспонденты в России: Мехродж Эгамзод, Файзиддин Асоев (Москва, тел. +79263304243), Алексей Авганов (Рязань, e-mail: leksejavganov@ mail.ru, тел: +79038345339,) Дилмурод Юнусиён (Волгоград, e-mail: dilmurod-25-81@mail.ru тел: +79272515255), Олимджон Тошматов (Татарстан, e-mail: olimjon80@ mail.ru тел: +79377719608)

Диабети кафандаро аз китоб рў гардонид, муаллимон дигар ба технология гузаштанд, дигар хушашон намеояд, ки дар журнал нависанд, электронний журнал кушодаанд. О ин бисёр бад аст, ин анъанаи давраи бузурги комунистиро сто просента аз байн мебарад, обрўйи муаллимро ду пул мекунад. Нағз карданд, ки ҳамин интернетро қиммат карданд. Э офарин, сто раз через панҷсад миёнарав офарин! - Боз мегўянд, ки дар кишварҳои ҳамсоя интернетро арзон кардаанд, то ҳамсояҳо истифода баранд гуфта, инро мефаҳмӣ? - Э хай нобудаш. Истифода кардан гиранд, истифода аз интернети арзон мардумро камсавод мекунанд, мо мардуми кўҳистон ба мо пастӣ намезебад. Ва дуюм, интернета мардум дар ноҳияҳо аз кишварҳои ҳамсоя ме-

Ҳикояти ғароиби ӯзбекӣ Буд набуд Исҳоқов Хайриддин Исомиддин ӯғлӣ буд, бо соли таваллуди 1992. Муҳоҷири росткор буду ҳамеша ба қонуну қоидаҳо риоя мекард. Аммо чӣ шуда монд, ки шиносномаашро гум кард. Ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Реутов (маҳалли зист ва ба қайдгирии муҳоҷиратиаш) муроҷиат карданаш зарур омад, то ки тасдиқнома гираду сертификати бозгашт ба ватанро ба расмият дарорад. Хайриддин дар ҷойи зисташ ҳамхонаҳо низ дошт. Худи Хайриддин дар қайд меистоду ҳамхонаҳояш не. Ҳамхонаҳояш, ки одамони эҷодкору шухтабиат ва ба қавле “пухта” буданд ва аз ҳодисаи ба сари ӯ омада хабар доштанд. Вақте онҳоро медоштанду ҳуҷҷатҳо мепурсиданд, мегуфтанд, ки Исҳоқов Хайриддин ҳастанд, ҳуҷҷатҳоро гум кардаанд. Баъди ин посух онҳоро дар махзани ягонаи иттилоотӣ месанҷиданду ҷавоб медоданд . Имрӯз бошад, аз соати 19 то соати 22 нозири минтақавии милитсия дар даромадгоҳи хонае, ки қаблан дар он Исҳоқов Хайриддин зиндагӣ мекарду дар қайд меистод, 4 (ЧОР) нафар узбекҳоро боздошт намуд. Ҳамаи чор нафар гуфтаанд, ки онҳо Исҳоқов Хайриддин ҳастанд. Акнун ин одамони хуб дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Реутов қарор доранду аз ман хоҳиш мекунанд, ки кумак намоям!!!

гиранд, аммо дар марказ чӣ?? - Ин ҷо ҳама корхонаҳои давлатӣ, ҳама муассисаҳои давлатӣ ҳаст. Албатта пули интернета ҳамин марказба ду баробар меёбанд, баъдаш рақамҳо меафзояд. - Хайр чӣ, мардум гирифтан гиранд. Магар бо нагирифтани онҳо кам мешавад? Наоборот, интернет суръаташ баланд мешавад ва кораш зўр. И онҳо нагиранд, ба кишварҳои ҳамсоя меравад, зато пул дар марказ мемонад. - Бале, бале. Офарин, ту хеле доноӣ, хеле хирадмандӣ, хеле ҷаҳонбиният васеъ. Баъди деҳа рафта омаданат тамоман дигар шудаӣ. Академики беунвон. Офарин. Так надо думать. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд, мегўянд. Ин рост. Қариб шикоят кунам, хайрият ки омадӣ вагарна дилам мекафид. - Аммо ба ҳар ҳол кори нағз. Вай

Корреспонденты в Таджикистане: кормадони кишварҳои ҳамсоя намефаҳманд, ки интернет чӣ қадар зарар дорад. О гениҳо, ин бузурго дар ғами халқ, аммо чиновкиҳои кишвари ҳамсояро чӣ расад ба мардум. Онҳо чиновникдия. Ғами халқро на ҳама мехўрад, ба ҷуз аз аҳли фаҳм. -Биё ба хотири саломатӣ сад тогӣ мебардорем, инаш барои саломатии интернет ва ҷомеа. - Боз нағз шуд, ки акнун на ҳама аз интернет истифода мебаранд, мардум қариб донишгоҳравиро бас кардаанд. Мепурсӣ, ман дар донишгоҳи Фаронса мехонам, тариқи интернет. О чӣ гап худаш?? - Рост баъзеҳояш ду калима аз инет ёд гирифтааст, одамро намемонад гап задан, умуман ҳамин чиз лозим не. Ғурбаташ бисёр, ҳамин кунҷи хонаву ҳамин шиша худаш ҷавоби 500 Гигабайт интернета медиҳад. -Дуруст, бобову бокалонамон ҳамин интернета истифода набурд, шуд-ку? Ҳам солим ва ҳам бе шикоят аз ин дунё рафтанд. Ҳамаи великийҳо истифода накардаанд, шуд-ку? Ҳатто Сталин ба ҳамин бузургиаш интернет надошт. О беинтерет ними сайёраро меларзонд, шуд ку? Ҳоло бошад, ҳама воҳимая бардоштаанд, ки интернет қимат шуд. Э мардуми содда, о ин ба фоидаи саломатии Шумо, на бар зарар! - Рост, дуруст. Ба хотири ҳамин гения гениҳош менўшем, ба хотири ғамхориҳо.... Суханбек Ширинбеков

Ба назар мерасад, ки дар шуъбаи мазкур ҳам навбатдор Косов одами хуб асту нозири минтақавӣ Кузнеченко низ ваҳшӣ нест ва дар ҳақиқат ба амалиёти “Муҳоҷири ғайрирасмӣ” сафарбар карда шудааст. Инчунин мутобиқи моддаи 51 Конститутсияи ФР ҳеҷ кас вазифадор нест, ки бар зидди худаш маълумот диҳад, аз ҷумла ному насаби ҳақиқиашро гӯяд... аммо ман гумон мекунам, ки пагоҳ дар боздоштгоҳи Сахарово теъдоди боздоштшудагон ба чор нафар зиёд мегардад ва ҳамаи онҳо бегуноҳон Хайриддин Исҳоқовҳо ҳастанд. Валентина ЧУПИК, ҳуқуқшиноси ройгон барои муҳоҷирон.

Насрулло Туйчизода (Душанбе, e-mail: nasrullotj@ mail.ru, тел: +992918147207), Камар Ахрор (Согдийский обл., e-mail: qahrorzod@mail. ru, +992927210164), Хангомаи Исмат (Хатлонская обл., e-mail: hangoma_ismatova@gmail. com, +992918696466), Мирзои Саид (ГБАО, e-mail: shjalol@mail. ru, тел: +992934773214) Фотокорреспондент: Дидор Садуллоев, e-mail: sadulloev.didor@mail.ru, тел: +79295800779 Газета зарегистрирована в Федеральной Службе по надзору в сфере связи, информационных технологий и массовых коммунакаций Российской Федерации. Регистрационный номер ПИ № ФС77-70978 Газета распространяется в Российской Федерации, странах СНГ и зарубежья. Адрес редакции: Москва, 2-я ТверскаяЯмская, д. 40/3, стр. 1, Тел/факс: +7(499) 251-6162, сайт: www.tajinfo.ru, е-mail: tajinfo@mail.ru Мнение редакции не всегда может совпадать с мнением автора статьи. За содержание текста в рекламе редакция ответственности не несет.

Отпечатано в России: ОАО «Московская газетная типография», 123995, г. Москва, ул. 1905 года, дом. 7, стр. 1, Заказ № 1471 В Таджикистане: в типографии «Интишор», г. Душанбе. Общий тираж: 23.500 экз.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.