Omuzgor #50 2013

Page 1

Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

№ 50 (11911) 13 декабри соли 2013

НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЪИНОТ

МЕЊРНОМА

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЌАРОРИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Саидов Н.С. Мутобиќи моддаи 69 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам: 1. Саидов Нуриддин Саидович вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиќ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе 27 ноябри соли 2013 №76

Дар бораи Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин намудани Рањимов Ф.Ќ. Мутобиќи моддаи 69 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам: Рањимов Фарњод Ќодирович Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад.

Дар бораи муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Мирбобоев Р.М. Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад: Мирбобоев Рањматулло Мадаюбович муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад.

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе, 6 декабри соли 2013 №92

Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 6 декабри cоли 2013 № 582 ш. Душанбе

САИДОВ НУРИДДИН САИДОВИЧ вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

www.omuzgor-news.tj

РАЊИМОВ ФАРЊОД ЌОДИРОВИЧ Президенти Академияи илмњои Тољикистон

Хайрандеш

Âàòàí

Сархату сарвату сармояи инсон Ватан аст, Дар китоб аст, ки аз гўшаи имон Ватан аст. Лаззати хоки Ватан - лаззати гулзори бињишт, Бењтар аз тахти зару ганљи Сулаймон Ватан аст. Бе Ватан мешавї овораву бечораву зор, Одамиро ба љањон худ сару сомон Ватан аст.

Эй писар, ќадри Ватанро зи ѓарибон ту бипурс, МИРБОБОЕВ РАЊМАТУЛЛО Орзуву њавасу њасрату армон Ватан аст. МАДАЮБОВИЧ муовини якуми вазири маориф Њеч ганље ба љањон нест баробар ба Ватан, ва илми Љумњурии Тољикистон Ман чї гўям, ки бењ аз ганљи дилу љон Ватан аст. Аз Ватан рўй нагардон, ки нагардонад рўй, Гар хиёбон бувад он, ё ки биёбон, Ватан аст. Бењтарин љой бипурсанд агар, Хайрандеш, Ман ќасам мехўрам, эй дўст, ба Ќуръон, Ватан аст.

Саидов Нуриддин Саидович 25 ноябри соли 1956 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1983 Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистонро бо ихтисоси омўзгор хатм кардааст. Доктори илмњои фалсафа, профессор мебошад. Фаъолияти мењнатиашро соли 1983 њамчун ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии омўзгории шањри Душанбе дар шањри Ќўрѓонтеппа оѓоз намуда, баъдан дар вазифањои ассистенти кафедраи фанњои љамъиятшиносии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Тољикистон, муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, сардори раёсати тањсилоти миёна, олии касбї ва баъди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва сардори раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Аз моњи январ то ноябри соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ва сипас то соли 2012 дар мансаби ректори Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрўз дар вазифаи вазири маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Бо ордени «Шараф» дараљаи I сарфароз гардидааст. Оиладор, соњиби 5 фарзанд мебошад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 ноябри соли 2013 вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид.

Рањимов Фарњод Ќодирович 19 сентябри соли 1968 дар шањри Панљакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1992 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси физик, физик - омўзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмњои физика ва математика, профессор мебошад. Фаъолияти мењнатиашро њамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумї шурўъ намуда, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз мўњлат дифоъ намудааст. Аз соли 1995 то соли 2000 ба њайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Тољикистон ва докторанти њамин донишгоњ фаъолият намуда, тањќиќоти илмиашро дар Пажўњишгоњи мутањидаи тањќиќоти ядроии шањри Дубнаи Федератсияи Россия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва унвони илмии доктори илмњои физика ва математикаро соњиб гардидааст. Солњои 2005-2006 дар мансаби муовини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ва аз декабри соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали вазири маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият кардааст. Муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсї, 4 дастури методї ва зиёда аз 95 маќолаи илмї мебошад. Барои хизматњои шоён дар соњаи илм бо љоизаи давлатї ба номи Исмоили Сомонї ва ордени Шараф дараљаи 2 сарфароз гардидааст. Оиладор, соњиби 5 фарзанд мебошад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид.

Мирбобоев Рањматулло Мадаюбович 22 августи соли 1956 дар ноњияи Ашти вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1977 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси иќтисодчї хатм кардааст. Номзади илмњои иќтисодї, дотсент. Фаъолияти мењнатиашро аз соли 1977 дар вазифаи ассистенти кафедраи иќтисоди сиёсии Донишгоњи давлатии Тољикистон оѓоз намуда, то соли 2006 дар вазифањои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар донишгоњи мазкур кор кардааст. Солњои 2006-2010 дар вазифањои декани факултети молиявию иќтисодї ва факултети иќтисод ва идораи Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намудааст. Солњои 2010-2012 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоњи миллии Тољикистонро ба уњда дошт. Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон кор мекард. Оиладор, соњиби 3 фарзанд. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 декабри соли 2013 муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид.

ОБУНА БА ЊАФТАНОМАИ «ОМЎЗГОР» БАРОИ СОЛИ 2014 ИДОМА ДОРАД Хоњед, ки дар соли 2014 аз навгонињои соњаи маориф огоњ бошед, амру фармонњои вазири маориф ва илм, дастуру санадњои Вазорати маориф ва илмро сари ваќт дастрас намоед, аз таљрибаи њамкасбон огоњ гардед, таљриба, андеша, дархости худро пешнињод карда тавонед, ба њафтаномаи дўстдоштаи худ – «Омўзгор» обуна шавед.

Нархи обуна барои як сол бо тамоми хизматрасонињо 80 сомонї аст.

СУРАТЊИСОБИ МО: ДХ БДА ЉТ «Амонатбонк» с/њ 20202972200817101000 њ/м 20402972316264

РМБ 350101626 РМА 010009400 Ба «Омўзгор»


2

ОМЎЗГОР

№ 50, 13 декабри соли 2013

ТАЪИНОТ

ПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ

Таѓйироти кадрї дар соњаи илм ва маориф

Мамадшо Илолов бо сабаби ба нафаќа баромадан аз вазифаи Президенти Академияи илмњои Тољикистон озод карда шуд. Фарњод Рањимов аз вазифаи муовини якуми вазири маориф озод карда шуда, Президенти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид. Рањматулло Мирбобоев аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон озод гардида, муовини якуми вазири маориф ва илм таъин карда шуд. Додихудо Саймиддинов бо сабаби ба нафаќа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод карда шуд. Гавњар Шарофзода аз вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї озод гардида, Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд.

Амонулло Салимов, ки то ин ваќт муовини ректори Донишгоњи кишоварзии Тољикистон доир ба таълим буд, ректори ин донишгоњ таъин карда шуд. Анвар Абдурасулов бо сабаби ба нафаќа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї озод карда шуд. Њайдар Одинаев аз вазифаи Директори иљроияи Филиали Донишгоњи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тољикистон озод карда шуда, ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї таъин гардид. Раљабмад Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Консерваторияи миллии Тољикистон озод карда шуд. Фароѓат Азизї аз вазифаи муовини вазири фарњанг озод гардида, ректори Консерваторияи миллии Тољикистон таъин карда шуд. Абдулњамид Нозимов аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон озод карда шуда, Директори иљроияи Филиали Донишгоњи давлатии Маскав

ВОХЎРЇ 10-уми декабри соли љорї гурўњи кории Донишгоњи миллии тадќиќотии иттиллооти технологї, механика ва оптикаи Санкт-Петербург (НИУ ИТМО) ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ташриф оварданд. Мењмононро муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев ва кормандони дигар сохторњои вазорат пазируфтанд. Зимни нишаст вобаста ба низоми тањсилот дар Љумњурии Тољикистон ва

ма дода, баъзеи онњо баъди хатм рисолаи номзадию докторї низ дифоъ менамоянд. Хатмкардагони донишгоњи мо шахсиятњои шинохта буда, њатто то мансаби Президентї расидаанд, ки Аскар Акаев, собиќ Президенти Ќирѓизистон, аз зумраи онњост,ќайд намуд Ю.Колесников. Александ Бараненко, намояндаи дигари гурўњ иброз дошт, ки нисбат ба донишљўён магистрњо хуб тањсил намуда, дар рафти тањсил ба гирифтани стипендия низ му-

ба номи М.В. Ломоносов дар Тољикистон таъин гардид. Ашўрбой Солиев ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон таъин карда шуд. Рустам Азизов аз вазифаи ректори Донишкадаи кўњию металлургии Тољикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба љойи ў ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд. Рустам Љалилов аз вазифаи ректори Донишкадаи энергетикии Тољикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид. Њамчунин, роњбарони мактабњои Президентї барои хонандагони болаёќат дар ноњияњои Данѓара ва Бохтари вилояти Хатлон иваз карда шуданд. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон зимни суњбат кадрњои ба вазифањои нави пурмасъулият таъиншударо ба ин муносибат табрику тањният гуфта, дар назди њар яки онњо доир ба љоннок намудани корњо вазифањои мушаххас гузошт. Дастуру супоришњо, аз љумла доир ба гузарондани ислоњоти куллї дар Академияи илмњои Тољикистон ва Академияи илмњои кишоварзї, њамќадам бо замони муосир рушду тако-

мул додани илму техника, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисањои олии тањсилотї ва афзун намудани самарабахшии корњо дода шуд. Мавриди зикри хос аст, ки аксари нафарони имрўз ба вазифањои пурмасъулият таъингардида кадрњои љавону ояндадор мебошанд. Аз љумла Фарњод Рањимов, ки Пре-

МУСОЊИБА

Пешсафї шиори суѓдињост

Њамкорињо вусъат меёбанд

НИУ ИТМО мубодилаи афкор сурат гирифт. Р.Мирбобоев вобаста ба зинањои тањсилот дар муассисањои тањсилотии кишвар, њамкорињои Вазорати маориф ва илм бо дигар кишварњо, тањсили донишљўёну аспирантон ва магистрњо дар Донишгоњи шабакавии ИДМ ва дигар масъалањои марбут ба њамкорињои байналмилалї маълумоти муфассал дод. Муовини ректори НИУ ИТМО Юрий Колесников зикр намуд, ки то њол њамкорињои донишгоњи мо бо як ќатор донишгоњњои Љумњурии Тољикистон идома дошта, маќсад аз сафари навбатї вусъат бахшидани ин њамкорињо мебошад. -Дар донишгоњи НИУ ИТМО на танњо аз Љумњурии Тољикистон, балки аз дигар кишварњо низ тањсили худро идо-

шарраф мегарданд. Њамчунин, дар доираи њамкорињо хуб мебуд, агар омўзгорон низ барои мубодилаи таљриба ва омўхтани роњњои нави омўзиш ба курсњои кутоњмуддати омўзишї фиристода шаванд. Бояд гуфт, ки њайати омўзгорону кормандони НИУ ИТМО дар рафти сафари корї аз Донишгоњи славянии РоссияТољикистон, Донишгоњи технологии Тољикистон, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш.Шоњтемур, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.Осимї ва Донишкадаи соњибкорї ва хизмат дидан намуда, вобаста ба њамкории тарафайн созишномањо ба имзо хоњад расид. Эњсони ХУШБАХТ, «Омўзгор»

зиденти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид, њамагї 45 сол дорад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон таъкид намуд, ки барои омодасозии олимони љавон аз тамоми имкону захирањо васеъ истифода бурда шавад, зеро синни миёнаи олимони њозираи Академияи илмњои Тољикистон ќариб 70 солро ташкил медињад. «Ховар»

-Вилояти Суѓд дар њалли бисёр масоили соњаи маориф пешдаст аст. Далели ин маънї фаъолияти омўзгорону хонандагонаш дар озмунњост. Аз нигоњи Шумо, сирри ин дастовардњо дар чист? - Калиди муваффаќиятњои мо ба чанд омил вобастагї дорад. Аввалан, шароити моддї –техникии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар заминаи барномаи сохтмонї дар сатњи вилоят барои солњои 2008-2010 рў ба бењбудї овард. Тибќи ин барнома мо 14 мактабро аз вагонхонањо бароварда, шароити тањсилро барои хонандагон бењтар намудем. Албатта, дар ин маврид ба мо дастгирињои њамешагии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дастурњои Президенти кишвар кумаки зиёд намуданд. Омили дигар таъминоти омўзгорони касбист, ки аз ин љињат њам мо тавонистем монеањоро бартараф намоем. Дуруст аст, ки имсол нисбат ба њамин давраи соли гузашта норасоии кадрї дар вилоят ба чашм мерасад, вале агар мо нисбат ба 5 сол пеш муќоиса намоем,

фарќият, пешравї хеле зиёд аст. Ба њар сурат, мо пайваста тадбирњо мељўем, то ташвишњо бартараф шаванд. Сеюм, эњсоси баланди масъулияти худи омўзгорони вилоят дар иљрои тамоми дастуру супоришњост. Мењнати шабонарўзии омўзгорону роњбарони мактабњо дар омода намудани шогирдон барои иштирок дар озмунњо, баланд бардоштани сифати тањсилот, иљрои барномањои давлатї ва љалби падару модарон ба мактаб самарањои дилхоњ ба даст оварданд. -Яке аз омилњои рушди сифати тањсилот ба мутахассисон вобастагї дорад. Ин пањлў дар вилоят чї бартарї ва чї мушкилињо дорад? -Бале, дар њаќиќат, рушди сифати тањсилот ба сатњи сифати дониши мутахассисон вобастагии зиёд дорад. Хушбахтона, дар вилояти мо имрўз 72 дарсади омўзгорон бо маълумоти олї фаъолият мебаранд. Натиљаи фаъолияти омўзгорон аст, ки таносуби хонандагони хубхону аълохон дар миќёси вилоят сол то сол

бартарї пайдо карда истодааст. Љалби Агар соли 2005 эњтиёљоти кадрї 2500 нафарро ташкил медод, имрўз ин теъдод ба 70 расидааст. Ташкилу баргузории озмунњои гуногун миёни омўзгорону мураббиён имкон медињад, ки фаъолият боз њам рушди тоза пайдо намояд. Ин аст, ки имсол аз њисоби хатмкардагони мактабњои миёна 10818 нафар ба мактабњои олї дохил шуданд, ки 4070 нафари онњоро духтарон ташкил медињанд. Аз њама бештар хатмкардагони мактабњои шањри Хуљанд 71,7%, Чкалов 57,7%, ноњияи Айнї 43,2%, Б.Ѓафуров 36,2% ба мактабњои олї дохил шуданд. Соли љорї муваффаќиятњои хонандагони мактабњои вилоят дар чорабинињои љумњуриявї хеле назаррас буд. Дар олимпиадањои анъанавии љумњуриявї, номї, даставї, фосилавї 188 нафар хонандагони мо иштирок намуда, ба гирифтани 111 љойи ифтихорї сазовор гардиданд. Дар сессияи љумњуриявии Академияи хурди илмњои љумњурї 87 нафар хонандагони синфњои 9-11 (ѓолибони даври вилоятї) иштирок намуда, 20 нафар хонандагони синфи 11 аъзои њаќиќии Академияи хурди илмњо, 22 нафар аъзо-мухбир ва 45 нафар сазовори љойњои якум ва дуюм гардиданд. Дар умум дастаи вилояти Суѓд дар љумњурї сазовори љойи аввал дониста шуд. Мушкилињо њам албатта, дар ин самт љой доранд, зеро љое, ки кор њаст, албатта, мушкилї њам њаст. Мушкили асосї ин аст, ки дониши аксари мутахассисони

(Давомаш дар сањ.3)

1 сентябри соли 1964 мактаби 11-солаи таълими истењсолї ба 10-сола табдил дода шуд.


ОМЎЗГОР

РАЊОВАРД

Пешсафї шиори суѓдињост (Аввалаш дар сањ.2)

љавон то њанўз моро ќонеъ гардонда наметавонад. Ин дар шароити имрўза барои баланд бардоштани сифати тањсилот ва донишомўзии хонандагон хеле ташвишовар аст. Дар њалли он њамбастагии мактаби миёна бо мактаби олї зарурати зиёд дорад. -Бисёрињо њадс мезананд, ки љалби љомеа ва падару модарон ба мактаб кори сањл нест. Инро чї тавр шарњ додан мумкин? - Њаќиќатан, љалби падару модар ва љомеа ба мактаб ба осонї даст намедињад. Зеро рўзгор муддате нигоњи самимиро ба мактаб ва тањсили шогирдон барканд. Имрўз, хушбахтона, ин нигоњ самимияти аввалаи худро пайдо кард, таваљљуњи волидон ба донишандўзии фарзандон зиёд шуд. Пештар кам ёфт мешуданд нафароне, ки барои тањсили фарзанди худ мактаби хуб кобанд. Имрўз бубинед, ки мактабњои хусусї зиёд шуда истодаанд, дар онњо њатто љои нишаст намерасад. Ин гувоњи он аст, ки таваљљуњ воќеан зиёд шудааст. Чун зиндагї ранги тоза гирифт, кумитањои падару модарон њам фаъол шуданд. Имрўз дар вилояти мо ањли љомеа ва падару модарон ба масъалаи таъминоти шароити тањсили мактаббачагон ањамияти љиддї медињанд. Бунёду таъмири мактабу синфхонањо, харидории компютерњо, таљњизоти гуногун, аз ќабили мизу курсї, тахтањои синфї, ашёи хониш мањз бо дастгирии волидон мушкили моро дар мактаб осон мекунад. Акнун моро зарур меояд, ки таваљљуњи волидон ва љомеаро ба дигар самт равона намоем: масъалаи сифати тањсилот ва ахлоќи шогирдон то њанўз ташвишовар аст. Ба андешаи ман, дар њоле ки мо тавонистем падару модарон ва љомеаро ба масъалаи таъминоти шароити тањсил љалб кунем, ин кор чандон душвор нест. Падару модаронро њам бо њар роњ њавасманд гардондан лозим аст, масалан, бо роњи ќадршиносии рўњиву молї. Аз ин љињат тадбирњои зиёдеро ба кор бурдан имкон дорад. -Чизе, ки имрўзњо моро зиёд ба ташвиш меорад, нокифоягии донишњои педагогиву равонии волидон аст. Дар њоле ки иттилоот ва пешравї дар љомеа зиёд аст, ин коњишёбї метавонад монеањои дигарро ба бор орад. Кадом омилњоро дар ин маврид ба кор бурдан зарур аст? - Норасоии донишњои равониву педагогии омўзгорон дар њаќиќат, ваќтњои охир ташвишовар гаштааст. Мо барои рафъи ин мушкилї барќарор намудани университетњои падару модаронро зарур донистем. Дар мактабњои вилоят ин мактаб бо роњњои гуногун, аз љумла, суњбату вохўрињо, ташкили чорабинињои њархела фаъолият мебарад. Дар ноњияи Бобољон Ѓафуров мањфили «Модарони љавон» њам таъсис ёфтааст. Ин мањфил ба хотири зиёд гардондани маърифати модарони љавон, ки бори аввал фарзандонашонро ба мактаб меоранд, ташкил ёфтааст. Бо вуљуди ин, маърифати волидон ба такмил ниёз дорад, ки нодида гирифтани он хато ва нобахшиданист. Муаммоњо дар муносибати волидон бо фарзанд хеле зиёд љо доранд. Бисёр омилњое њастанд, ки ба тарбияи кўдак таъсир мерасонанд. Марказњои компютерї, интернет, мањворањо, телефон, ки аксаран диќќати бачањоро ба тамошои наворњои филмњои фањшу зўроварї љалб месозанд, имрўз моро бепарво гузошта наметавонанд. Ба ин масъала бояд таваљљуњи алоњида зоњир кард. Мо Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ќабул кардем, ки он се нињодро масъул гардондааст: мактаб, оила ва љомеа. Худ ќазоват кунед: аз ин се нињод воќеан, кадоме вазифаи худро ба дурустї иљро мекунад? Мутаассифона, ѓайр аз мактаб (љомеа-ку бетараф аст), оила дар ин маврид кор надорад. Бетарафї нињоят зиёд аст. Як ваќтњо њар аъзои мањалла ба таќдири фарзанди њамсоя кор дошт, бо зарурат ўро шарм медоронд, то ба њар кори номатлуб даст назанад. Имрўз чунин нест. Ваќте љомеа бетараф бошад, ваќте волидон ба хотири пешбурди рўзгор бозор ё муњољиратро ихтиёр мекунанд, оё мактаб метавонад аз уњдаи тарбияи бача ба пуррагї барояд? Албатта не, зеро тарбия кори њамагон аст. Фикр мекунам, то дар оила ба тарбияи кўдак таваљљуњи љиддї зоњир нашавад, аз печидагињои он дар оянда рањо шудан осон нест. Барои ин баланд бардоштани маърифати волидон ногузир аст. -Вазорати маориф ва илм як ќатор иќдомњоро дар мавриди ислоњоти соња ќарор додааст. Гузариш ба низоми нав (имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї), низоми нави

бањогузорї аз љумлаи он иќдомњо мебошанд. Назари Шумо ба ин масъала чї гуна аст? - Солњои пеш дар мактабњои олї омилњои субъективї зиёд эњсос мешуданд. Агарчи дар њар як синф хонандагони хубхону миёнахон ва сустхон њастанд, дохилшавии довталабон ба макотиби олї барои бисёрињо шубњаовар менамояд. Ќабули довталабон аз тариќи ИМД гумон мекунам, ошкор мекунад, ки айб дар ош аст ё дар мош. Ин тарзи ќабули довталабон дар замони муосир шаффофият ва воќеъбиниро ба мо пешнињод мекунад. Ба ин васила истеъдодњо љои худро мегиранд, зеро кафолати эътирофи дониши онњо љой дорад. Дар масъалаи гузариш ба низоми нави бањогузорї бояд иќрор шуд, ки то имрўз мо аз низоми 5-балла натавонистем ба дурустї истифода барем. Бубинед, ки мо бањои 1-ро умуман, истифода намебарем, бањои 2-ро танњо ба хотири мањкум кардани бесаводї ба бача мегузорем. Танњо бањоњои 3,4 ва 5 дар истифода ќарор доранд, ки ин барои бањои воќеї гузоштан нокифоя аст. Оё дар сурате ки дар як синф ќобилиятњо хеле гуногунанд, ин басанда аст? Ин низом фоизи азхудкардаи дониши бачаро муайян карда наметавонад (охир, 2 инкори дониши бачаро нишон медињад, 1 бадтар аз ин). Низоми 100-балла имкониятњои васеътар дорад. Он ба мо имкон медињад, одилона, воќеъбинона, ба сатњи дониши ягон кас хиёнат накарда, бањогузорї кунем. - Фикр мекунам, омўзгор дар њама давру замон ва дар њама љо ќишри сермутолиаи љомеа аст. Ба андешаи Шумо, зарурати мутолиаро омўзгорони имрўз то куљо дарк карда метавонанд? - Ба андешаи ман, бояд њамин тавр њам бошад, омўзгор на танњо набзи соња, балки набзи љомеаро бояд пеш аз дигарон эњсос намояд. Хушбахтона, имрўз ѓайр аз рўзномаву маљалла, интернет низ ба мо имкон медињад, ки аз уњдаи ин рисолати худ ба хубї бароем. Дастрасї, ки зиёд аст, тамоми фармоишу дастурњо ба омўзгорон тавассути сомонањои расмии вазорат, раёсат ва рўзномањои вилоятиву ноњиявї мерасанд. Омўзгорони мо имрўз дар њаќиќат, аз минбари «Омўзгор» ва дигар нашрияњои соња хеле васеъ истифода мебаранд. Онњо метавонанд бо ин восита назари худро баён кунанд, таљрибаи дигаронро омўхта, таљрибаи худро пањн намоянд. Аз минбари омўзгорон на танњо дастовард, инчунин, камбудиву нуќсони худро мебинанд. Омўзгорон имрўз дарк кардаанд, ки иттилоъ чї ќадар зиёд бошад, сатњи донишашон њамон ќадар зиёд мегардад. Чунин худомўзї, аз болои хеш кор кардан бемуњобот, имкон медињад, ки дар амалигардонии њадафњои интихобшуда, аз љумла, рушди сифати тањсилот натиљањои дилхоњ ба даст оварем. - Соњаи маорифи вилоят чї монеањоро рў ба рўст ва оянда он чї интизорињо дорад? -Имрўз, ки шароити рўзгори муаллим рў ба бењбудї оварда истодааст, бисёр монеањои пешорўи соња њам њалли худро ёфта истодаанд. Дастури раиси вилоят А.Ќодирї љињати дар њар шањру ноњия људо кардани замин (шањрак) барои омўзгорони љавон ва эњтиёљманд яке аз роњњои рафъи мушкилињост. Вале бо вуљуди дастгирињои зиёди роњбарияти њукумати љумњурї ва вазорат монеањо љой доранд. Имрўз барои омўзгорон масъалаи пардохти маблаѓ зимни сафари хидматї (барои такмили ихтисос) њалталаб аст, барои мактабњо дар бисёр ноњияњо монеањои сунъї пеш овардани ќисман идорањои дахлдор нороњаткунанда аст. Зарурате пеш омадааст, ки маќоми аввалаи созмонњои талабагиро барќарор намоем, коре бояд кард, ки хонанда ифтихорро аз шомил шудан ба он эњсос намояд. Барои фарогирии кўдакони синни томактабї дастгирии маќомоти мањаллї љињати баргардонии биноњои муассисањои он хеле муњим аст, чунки агарчи дар вилояти мо фарогирии кўдакон дар муќоиса бо љумњурї зиёд бошад њам (13 дарсад), бо назардошти талаботи зиёд, имконияти фарогирї кам аст. Умедворам, дар солњои наздик мо аз мушкилињо рањо меёбем. Дар он сурат ањли маорифи вилояти Суѓд дар фатњи ќуллањои нави ѓолибият пешсафиро аз даст нахоњанд дод. Барои расидан ба њадаф омўзгорони мо њамкориро бо њафтаномаи «Омўзгор» ва маљаллаи «Маърифати омўзгор» ќавитар хоњанд гардонд. Мусоњиб Саидаи ФАЗЛ, «Омўзгор»

№ 50, 13 декабри соли 2013

3

ТАЉЛИЛ

Абармарди арсаи илм Ў дар интињои асри 1Х ва ибтидои асри Х зиста, аз хурдї ба омўзиши амиќ гаравидааст ва як силсила илмњои замонашро пурра аз худ намуда, алломаи айём гардидааст. Ин абармарди љањони илм дар заминаи таљриба ва тањќиќу

шидааст. Маърўзањои донишварони маъруф М.Диноршоев, Б.Камолиддинов, А.Комилї, Н.Содиќова, Б.Исомат, С.Муњиддинов, З.Диноршоева (Тољикистон), Сиёмаки Мусавї (Эрон), П.Н.Николаев (Русия) ва

пажўњиш оид ба фанњои гуногун осори баарзишу пурмоя нигоштааст. Ба тасдиќи алломаи дигари халќи тољик Абўрайњони Берунї аз Закариёи Розї 56 китоб дар соњаи тиб, 33 китоб оид ба улуми тиабиатшиносї, 7 китоб оид ба мантиќ, риёзиёт ва нуљум, 23 китоб оид ба фалсафа, 14 китоб оид ба бахшњои дин, 23 китоб оид ба кимиё ва боз 17 китоб дар хусуси илмњои гуногун ба ёдгор мондааст. Асарњои Закариёи Розї асрњо боз пайваста ба забонњои љањон тарљума ва батакрор чоп мешаванд… Соли равон ба ифтихори 1150солагии ин донишманди шањир дар як ќатор мамолики љањон мањфилу њамоишњои баргузор гаштанд. Дар Тољикистон низ ба ин муносибат чорабинињои пурмуњтаво ташкил карда шуданд. Аз љумла, њафтаи гузашта дар Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон (ДМИТ) конфронси илмию амалии байналмилалие баргузор гардид, ки ба њамин санаи фархунда – 1150-солагии Закариёи Розї бахшида шуда буд. Дар он ќатори олимони тољик олимон аз Эрон, Русия ва Ќазоќистон иштирок доштанд. Ќисмати муќаддимавии конфронс бо суханронии ноиби ректори ДМИТ, профессор К.Њусейнов ифтитоњ ёфт. Мавсуф аз лањзањои муассири њаёт ва фаъолияти Закариёи Розї ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ин олими бузург ба рушди илм дар арсаи љањон такони љиддие бах-

А.Нуралиев (Ќазоќистон) фарогири тањлилу тавсияи љанбањои гуногуни фаъолияти илмии Закариёи Розї буданд. Дар нимаи дуюми рўз иштирокдорони конфронс ба ду гуруњ таќсим шуда, дар ду бахш: бахши илмњои гуманитарї ва бахши илмњои забоншиносї, педагогика ва методикаи таълим кори худро идома доданд. Ба бахши аввал мудири кафедраи илмњои гуманитарии ДМИТ, дотсент А.Муллољонов ва ба бахши дуюм мудири кафедраи забонњои хориљии ДМИТ, дотсент И.Додољонова роњбарї намуданд. Дар њар ду бахш њам маърўзањои љолиб шунида шуда, бањсњои доманадор сурат гирифтанд. Шоистаи тазаккур аст, ки ба ифтихори ин конфронси байналмилалї, ба вижа, кафедраи забонњои хориљии ДМИТ корњои зиёди омодагиву созмонбахширо иљро намуд. Аз љумла, бо ибтикори ин кафедра толору маљлисгоњ ва долонњои донишкада бо суратномаву овезањо, намоиши китобњо ва дастовардњои олимони таълимгоњ оро дода шуданд. Дар њамоиши љамъбастї иштирокдорони конфронс иброз доштанд, ки он дар сатњи баланд сурат гирифт ва тадбирњои шоиставу мондагоре буд ба хотири гиромидошти 1150солагии фарзанди фарзонаи халќи тољик Закариёи Розї.

Дар дењаи Абдулбобиёни љамоати шањраки Обигарми шањри Роѓун мактаби нав барои 240 нафар хонанда мавриди истифода ќарор дода шуд. Мактаб бо мизу курсї,

А.МУРОДЇ, «Омўзгор»

Мактаби нав компютеру принтерњо таъмин буда, дорои толори варзиш ва китобхона мебошад. То солњои ќаблї ин љо хонандагон дар хона-вагонњо таълиму тарбия мегириф-

танд. Бинои мактаби нав бо маблаѓгузории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Роѓун бунёд гардидааст. Њокими Сафар, шањри Роѓун

Аз соли 1964 усули тарбияи мењнатї, ки аз соли 1959 љорї гашта буд, барњам дода шуд.


4

ОМЎЗГОР

ШАРАФМАНД

№ 50, 13 декабри соли 2013

Халќро оњанрабо гардида буд

ЁДИ НЕКОН

Оѓоз

Рўзи дигар муаллифи мусаввада Ќ. Каримов ба идора занг зада хоњиш намуд, ки бо яке аз њамкорони мо вохўрда, аз хусуси љањду талошњои ин фидоии соњаи маориф ба таври муфассалтар ќисса кунад. Бо супориши идора ба аёдати муаллиф, пири хирад Ќ. Каримов, ки барои муолиља ба Душанбе омадааст, шитофта, ўро хушњол дарёфтам. Мўйсафед нахуст пурсид, ки оё бо ќайдњои ў дар бораи њамсабаќ, дўст ва рафиќи шафиќи ў, ки ба идораамон фиристодааст, шинос шудаам? Чун тасдиќи суханашро шунид, хурсанд шуда илова кард: - Писарам, дар бораи шодравон С. Фаттоев чї ќадар ќисса кунем, кам аст. Чун вай чунин инсони заминию њаќиќиро дигар надидам. Кордонию мањорат, одамдўстї, эњтиромаш нисбат ба дигарон, боинсофию рањмдилї аз љумлаи сифатњои бењтарини ў буданд. Њељ гоњ њаќќи касеро нахўрдааст, ба моли касон чашм ало накардааст. Њаќгўй ва росткор буд, аз ин рў, пеши касе сар хам намекард. Аз дониш ва мањорати модарзодиаш меболид, њамеша ба муњтољон дасти кўмак дароз менамуд. Чунон ки Ќ. Каримов афзуд, бо С. Фаттоев њабдањ сол ёру ошно ва њамеша пањлўи њам будаанд. - Соли 1950 ба Институти дусолаи муаллимтайёркунии шањри Кўлоб дохил шудем, - ба ёд меорад он солњоро Ќ. Каримов, - мо, њамномњо, чор нафар будем. Азбаски ќади ман аз њама паст буд, «Ќосими хурдї» мегуфтанд. Дар ёдам њаст, ки Самад Фаттоевро бо сабаби бачаи фаъолу чусту чолок буданаш њамчун котиби ташкилоти комсомолї пазируфтанд. Ўро баъди хатми ин таълимгоњ директори мактаби њаштсолаи ноњияи Кўлоб таъин карданд. Баъдтар ба сифати мудири шуъбаи маориф ба ноњияи Фархор фиристода шуд. Вай тадриљан то ба вазифаи мудири шуъбаи идеологии ноњия расид. Соли 1959 Донишкадаи омўзгории шањри Кўлобро бо ихтисоси муаллими таъриху љамъиятшиносї ба итмом расонд. - Солњои директори мактаб – интернат буданашро махсус бояд ќайд намоям, - мегўяд Ќ. Каримов - Њукумати ноњияи Шўроободро барњам доданду дар бинои он мактаб – интернат ташкил гардид. Ба ин љо аз тамоми љумњурї хоњишмандон оварда мешуданд. Як ќисми онњо бачањои боодобу фаъол

бошанд њам, ќисми дигарашон бетарбия, бепадар ва ё бемодар буданд, вале њайати 34-нафараи омўзгорон њамаи онњоро ба оѓўши гарми худ мегирифт. Бино ба ќавли њамсуњбатам, њамон сол омўзгореро роњбари ин таълимгоњ таъин намуданд, вале пас аз чанде бо љурми ноуњдабарої аз вазифааш сабукдўш карданд. Мањз худи вазири маорифи ваќт Тоњир Пўлодов ба мактаб – интернат рафта, С. Фаттоевро директор таъин намуд. Вазир гуфт: - Додар, ба шумо бовариамон калон, худатонро њамчун сарвари пухтакор нишон дињед. Танњо њамин ду дањон сухани вазир ба вай илњом бахшиду аз самими дил ба фаъолият шуруъ намуд. - Он ваќт, - мегўяд Ќ. Каримов, - банда директори мактаби ноњияи Њамадонї будам. Фаттоев хоњиш кард, ки биё, бо њам кор кунем, ин љо дигар касе ба ман мисли ту наздик нест, охир бо њам як љо хондаем – ку, якдигарро хуб мешиносем. «Аз сухани дўст шикастана, гардани шайтон шиканад» - гуфта розї шудам. Њамин тавр, њафт сол љонишини ў будам. Дењаи Саричашмаи ноњияи Њамадонї об надошт. Директор ба хулосаи ќатъї омада буд: интернатро бояд обод кард! Њар рўз соати 6 – и пагоњї ба кор омада беваќтињои шаб ба хона мерафтем. Дањ гектар замини атрофи мактаб – интернатро, ки санглох буд, ба боѓи сабзу хуррам табдил додем. Бисёрињо аввалњо бовар надоштанд, ки ин љо дарахт сабз мешавад, аммо бо кўшишу ѓайрати њамагон дарахтони себу нок рўз ба рўз нашъунамо меёфтанд. Азбаски замин лалмї буд, дарахтон эњтимоли хушк шудан доштанд, вале мо чанд усули эмин нигоњ доштани онњоро ёфтем. Яке аз онњо алафњои даравидашударо захира намуда, ба бехи њар як дарахт љамъ овардан буд. Ин усул нигоњ доштани намиро таъмин ва дарахтонро аз хушкшавї пешгирї намуд. Минбаъд боѓ ба 22 ва нињоят ба 54 гектар доман пањн кард. Ин амали мо овоза шуд ва њатто Раиси Совети Вазирони љумњурї Р. Додихудоев ба мактаб чанде аз роњбарони хољагињои ноњияро њамроњ оварда нишон дод, ки аз мо тарзи нигоњдории нами замини лалмиро омўзанд. Усули кори дигарамон ин буд, ки ба њар як нафар шогирдамон 5 дарахтро вобаста карда будем ва нигоњубини онњо ба зиммаашон буд.

Маслињат

- Дар ёдам мондааст, ки ба интернат муовини вазири маориф А. Романовский ташриф оварда буд, - он солњоро ба хотир меорад Ќ. Каримов.-Аз С. Фаттоев пурсид, ки мудири маориф, ки шудї, киро ба љоят тавсия медињї? - Ба ман бошад, - гуфт С. Фаттоев, - Каримовро тавсия медодам. Ў муовини ман аст, вале кори муовин њам муњим. Хайр, њоло бубинем, мудир, ки таъин кардед, баъд ба ягон хулосае меоем. - Ин тавр бошад, худат

медонї, - хандид А. Романовский. Вай дар ноњияи Њамадонї корро шуруъ кард. Вазъият ташвишовар буд. Вале дар як муддати кўтоњ ба комёбињо ноил шуд. Ду маротиба шуъбаи маорифи ноњия ѓолиби мусобиќаи сотсиалистии љумњуриявї ва як маротибаи дигар ѓолиби мусобиќаи сотсиалистии умумииттифоќ шуд. Њатто, дар Намоишгоњи хољагии халќи Иттифоќ (дар шањри Маскав) гўшаеро аз комёбињои ањли маориф таъсис доданд. Бино ба гуфтаи њамсуњбатам аввали солњои 60-уми ќарни гузашта усули таълими муаллимони шањри Липетски Федератсияи

Россия ба њукми анъана даромада буд. Ин усул њамин тавр буд, ки муаллим баъд аз гузаштани чанд дарс менишаст ва хонанда ба љойи ў дарсро идома медод. Ин шакли таълимро мо низ дар мактаб – интернат љорї кардем ва он самараи хуб дод. Њамон солњои хатми аввал аз сї нафар шогирд 27 нафарашон ба мактабњои олї дохил гардиданд. Албатта, њамааш ба шавќу завќ, донишу кордонї ва ташаббускорї вобаста аст. Њамаи ин сифатњо дар тинати С. Фаттоев љо гирифта буданд. Нињоят, вай соли 1965 мудири маорифи ноњияи Њамадонї таъин гардид. Рушду такомули соњаи маорифи ноњия ва омўзгорони вилоят бо номи фарзанди барўманди Тољикистон С. Фаттоев сахт алоќаманд аст. Хизматњояш фаромўш нагардиданд. Лекин соли 1974 кўрдилоне њам пайдо шуданд, ки аз њасад ба муќобили ў туњмату иѓво ташкил карданд ва њатто, ба ташкилотњои болої мактубњои беимзо навиштанд. Ба онњо бовар карда, ўро аз вазифаи мудири маориф барканор карданд. Ин беадолатињо ба ў таъсир карданд, ба бемории фишори хун гирифтор гардид…

Донишљўи оиладор

Оре, дар њаќќи С.Фаттоев шогирдони зиёдаш, ки аксарияташон имрўзњо шахсиятњои шинохтаи љумњурианд, суханони мењрбор гуфтаанд. Дар байни онњо намояндагони соњањои мухталифи љомеа, аз љумла, мутахассисони арсаи сиёсат, илм, фарњанг, санъат њастанд. Ш.Шоњиён – раиси комис-

сияи марказии интихобот ва раъйпурсии љумњурї, А. Кўчаров, Ш. Кабиров, М. Набиев, С. Юнусов, М. Абдуллоев, Д. Халифаев - докторњои илм, Алимуњаммад Муродї – шоир, Д. Холов, Љ. Сафаров, С. Муќимов – њунарпешањои шинохта аз љумлаи шогирдони бевоситаи С. Фаттоеванд, ки онњоро њама мешиносанд. Адиби шинохта Карим Давлат њанўз соли 2005 – ум ќиссањо аз рўзгори пурбаракат ва фаъолияти мењнатию љамъиятии омўзгори асил ва ташкилотчии маориф, ёддошту хотирањои дўстону њамкорони ўро зери як муќова тањти унвони «Агар дар љањон набвад омўзгор…» гирд оварда буд. С.Фаттоев бештар аз чил соли умри азизи хешро ба таълиму тарбияи фарзандони халќ бахшидааст. Дар ривољу равнаќи соњаи маорифи кишвар хизмати бедареѓ намудааст. Њамчун директори мактаб, баъдтар мудири шуъбаи маориф дар шањру навоњии Кўлоб, мудири шуъбаи маориф ва мудири шуъбаи тарѓиботу ташвиќот дар кумитаи њизби коммунисти ноњияи Фархор, асосгузор ва директори мактаб – интернати Саричашма, мудири шуъбаи маориф ва омўзгори одї дар ноњияи Њамадонї-номгўи нопурраи вазифањоест, ки мавсуф солњои дароз бар дўш доштааст. Бахусус, хизматњои вай муддати дањ соли сарварии идораи маорифи ноњия буданаш самараи хуб доданд. Мањз дар њамон ваќт заминаи моддию техникии муассисањои таълимї пурра такмилу таљдид ёфт, маљрои таълиму тарбия шаклу мазмуни нав гирифт. Ба њамин минвол, дар дењоти њудуди ноњия беш аз 60 муассисаи таълимї бунёд гардид, ки кори сањлу осон нест. Бале, шахсиятњои шинохта њамеша дар ёдњо боќї мемонанд. Зављааш Гулдастамоњ Акбарова дар хотирањояш навиштааст: «Зиндагиамон дар шањри Кўлоб нињоят хоксорона мегузашт, лекин дўстону њамкорону ќадрдонњои шавњарам насибаашонро ёфта хўрда мерафтанд. Рўзе набуд, ки ба даргоњи мо мењмон наояд. Кўлоб ба мо файзу баракати хуб ато кард. Ёру дўстони шавњарам «ту студенти оиладорї» - гуфта, дасти ёрї дароз мекарданд. Ба андешаи ман, давраи аз њама пурљўшу хурўши кору фаъолияти шавњарам ин њафт соли сарвариаш дар мактаб - интернати Саричашма буд. Соли аввали кораш (с.1959) гўё хонаву дару фарзандонашро фаромўш карда буд. Ваќте хона гирифту моро њам ба Саричашма овард, аз кор њар шаб дер меомад, ваќте меомад, ки њама дар хоб будем. Бо вуљуди ин, хобаш намебурд, дар сањни њавлї ќадам зада, оид ба кадом масъалае андеша мекард, наќша мекашид. Дилам ба њолаш месўхт, вале аз дастам ёрї додан намеомад. Дар Саричашма гўё раиси њама буд, ки дењќон њам ба суроѓаш меомаду чўпон њам».

«Хонаи падар»

- Ноњияи Њамадонї нисбат ба дигар ноњияњои Кўлоб навташкил ва пояи моддию техникии мактабњояш нињоят суст буд, - навиштааст.дар хотирањои хеш собиќ сардухтури ноњияи Њамадонї, љонишини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Абдулмаљид Њаќназаров, њатто, мактабњои миёнаи маркази хољагињо похсагї буданд. Роњбарони хољагињо ба сохтмони мактабњо эътибор намедоданд. Ба совхозњо маблаѓро давлат људо мекард, бинобар ин, сохтмони мактабњо нисбатан хуб буд. Масъалаи сохтмони мактабњоро њамчун масъалаи раќами як Самад Фаттоев њамеша дар мадди назари роњбарони ноњия ва хољагињо мегузошт. Ноњияи навбунёди Њамадонї аз он бурд дошт, ки роњбарони аввалини он Салимов, Нарзибеков, Холов, Раљабов шахсиятњои кордону ѓамхор будаанд ва давраи роњбарии онњо солњои рушду пешравии ноњия мањсуб мешудааст. Бешубња, тараќќиёт ва пешрафти соњаи маориф дар ноњияи мазкур ба ќобилияти баланди ташкилотчигии Самад Фаттоев низ вобастагї дошт. Суръати баланди сохтмони биноњои мактабу муассисањои томактабї, тайёр намудани кадрњои соња, њамчунин, пешравињои љиддї дар соњањои тибу фарњанги ноњияи Њамадониро ба ќатори ноњияњои номдори Иттињоди Шўравї баровард ва ин соњањо сазовори чандин инъомњову ифтихорномањои Иттињоди Шўравї ва Љумњурии Тољикистон гардиданд. С. Фаттоев аз ќабили роњбароне буд, ки умри хешро сарфи рушду нумўи таълиму тарбия намудаанд. Муњассилини мактаб – интернат ин љоро «Хонаи падар» номгузорї кардаанд, зеро аксари омўзгорон аз роњбар сар карда, худро ѓамхори шогирдон њисоб мекарданд. – Тобистони соли 1979 буд. Ба сифати хабарнигор ба љашни 20 - солагии мактаб – интернати «Коммунизм» - и Саричашмаи ноњияи Њамадонї рафта будам, - ба ёд меорад Карим Давлат. - Овозаи ин дабистонро пештар шунида будам. Дар дил орзу доштам, ки бо асосгузори ин таълимгоњ, муаллим С. Фаттоев аз наздик вохўрам. Њангоми тањсил дар мактаби олї њис мекардам, ки дастпарварони ин мактаб заминаи мустањками дониш ва одоби њамида доранд. Онњо иќрор мешуданд, ки аз хатмкунандагони ин мактаб талабае нест, ки аз имтињони ягон мактаби олї нагузашта бошад. Самад Фаттоев тавонист дар баробари таълиму тарбияи фарзандони халќ ёздањ нафар фарзандони худро низ таълиму тарбия карда, њамаи онњоро соњиби маълумоти олї гардонад. Имрўз онњо давомдињандаи кору пайкори падари хешанд ва ифтихор аз он доранд, ки бо роњи нишондодаи ў ба барору комёбињо муваффаќ мешаванд. Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Аз соли 1975 дар ноњияњо комбинатњои байнимактабии таълимию истењсолї ташкил шуданд.


ОМЎЗГОР

ФАНЊОИ ДАЌИЌ

№ 50, 13 декабри соли 2013

мекунанд, оѓоз мегардад. Нахустин мукофоти Нобел лии соњаи физика ба физикдон барљастаи олмонї Вилгелм ни Р Рентген насиб гардидааст. Ў соли 1895 як тобиши элект тромагнитиро кашф кард, он т тобиш ба шарафи кашшофаш т тобиши рентгенї ном гирифт. Р Рентген он тобишро «тобиш ши X» ном нињод. Олимони

ЁДВОРА

ДАР МАРЗИ ХУДШИНОСЇ

5

Ихтироъкори дастгоњи

обченкунї кї буд?

Алфред Нобел- абадияте пас аз марг

10 декабри соли 1896 хабари марги Алфред Нобел, яке аз шахсиятњои бойтарини Аврупо, дар тамоми дунё пањн шуд. Дар он рўз рўзномањо унвонњои ифтихорию илмї, дараљањои илмї ва ордену медалњои ўро њисоб мекарданд. Њама њайрон буданд, ки 93 корхонаи Нобел, ки дар аксари давлатњои љањон сохта буд, мулкњои ў дар Шотландия, Шветсария, Италия ва Франсия, коѓазњои ќиматноки дар бонкњои Лондон, Сюрих, Женева ва Вена мањфузбуда ба дасти кї мегузаранд? Њама мунтазир буданд, ки васиятномаи Нобел кай чоп мешавад? Алфред Нобел њамчун химики бомањорат ва шахси бомаърифат шинохта мешуд. Ў борути бедуд, динамит, кафшер бо газ, шоњии сунъї ва ѓайраро ихтироъ кардааст. Оилаи Нобелњо (падараш Эммануэл ва се писари ў - Роберт, Людвиг, Алфред) - ихтироъкор, олим ва саноатчї буданд.

Васиятномаи Нобел:

«Ман, зеримзокунанда, Алфред Бернхард Нобел, баъди андешаи тўлонї чунин арз менамоям: Њамаи боигарии ман дар шакли коѓазњои ќиматнок дар бонк гузошта шаванд. Ин коѓазњо фондеро ташкил медињанд, ки фоизи даромади он њар сол ба шахсоне дода мешаванд, ки кашфиётњои онњо ба инсоният фоидаи калон дошта бошанд. Фоизњоро 5 њисса карда, чунин таќсим мекунанд: як њиссаи он ба шахсе, ки кашфиёти муњим дар соњаи физика мекунад; як хиссаи дигар ба шахсе дода мешавад, ки дар соњаи химия кашфиёт дорад, њиссаи дигар ба шахсоне дода мешавад, ки дар соњаи физиология ва тиб кашфиёти барљаста доранд. Њиссаи

дигар дар соњаи адабиёт ва санъат ва як хиссаи дигар ба шахсе, ки дар кам кардани сафи армияњои мављуда, дастгирї ва њавасмангардонии конгресси сулњљўёна сањм доранд, супорида мешавад. Хоњиши асосии ман аз он иборат аст, ки њангоми интихоби номзадњо барои гирифтани љоиза миллати онњо ба эътибор гирифта нашавад, бигзор бењтаринњо сазовори љоиза гарданд». Баъди марги Нобел дороии ў ба пул ва коѓазњои ќиматнок табдил дода шуд. Арзиши аслии онњо 31 млн. кронаи шведиро ташкил дод. Ин маблаѓ фонди мукофоти Нобелиро ташкил медињад. Њар сол дањ њиссаи фоидаи бадастомада барои инкишофи фонд равона мешаванд. Чоряки он барои пардохти маблаѓи љоиза ва боќимондаи он ба панљ њиссаи баробар таќсим карда шуда, ба љоизадорон супорида мешавад. Муайян кардани корњои илмї ва кашфиёти олимоне, ки сазовори љоиза мебошанд, дар Шветсия ба амал меояд. Академияи илмњо соњибони љоизаро дар соњаи физика ва химия муайян менамоянд. Институти тиббї-љарроњии Каролии шањри Стокголм љоизадорони тиб ва физиология ва Академияи адабиёти Шветсия асарњои бадеиро интихоб менамоянд. Соњибони љоизаро дар кори мустањкамкунии сулњ кумитаи 5-нафарае, ки аз тарафи парламенти Норвегия тасдиќ карда шудааст, муайян менамояд. Супоридани мукофотњо њар сол 10-уми декабр дар рўзи Нобел, ки дар Шветсия онро ќайд

ШЕВАИ ДАРС

машњур Резерфорд (1908), Фредрик ва Ирен Жолио Кюрї (1935), Мария Складовская Кюри ва Томсон соли 1906 ин мукофотро сазовор шуданд. Олимони бузург Нилс Бор, Резерфорд, Дирак, Њайзенберг, Ферми, Шредингер, физикони Шўравї Тамм, Черенков, Ландау, Басов, Прохоров, Капитса, Алфёров, Гинзбург барандагони ин љоиза буданд. Нобел кашшофи яроќи пурдањшат, муборизи роњи сулњ, капиталисти бузург буда, дороии худро барои одамон васият кардааст; одаме буд, ки њазорњо ёрдамчї ва садњо корхона дар тамоми дунё дошт. Нобел кори бузурге кард. Њар сол њама ба дастовардњои беназири олимони дунё, ки барои тараќќиёти инсоният наќши бузург доранд, ошно мегарданд. Саломатшо ШИРИНОВ, омўзгори мактаби №49-и шањри Вањдат, Азимхон МАЛАХОВ, омўзгори мактаби №45-и ноњияи Рўдакї

Майдони мўъљизанок гузаронида мешавад, созем. Он тахминан чунин шаклро дорад:

Дар њолати дуруст ва эљодкорона гузаронидани чунин корњо хонандагон ба фанњои даќиќ завќу таваљљуњ пайдо менамоянд. Барои он ки дар ин чорабинињо фаъолона ширкат варзанд, хонандагон тайёрї мебинанд, яъне бисёр китобу маљаллањоро љустуљў менамоянд ва ба ин васила, сифати дониши худро сайќал медињанд. Њоло мехоњам њамкорони хешро бо яке аз намуди ин бозии шавќовари математикї, ки дар шабнишинињо ва дарсњои иловагї истифода мебарам, шинос менамоям. Барои гузаронидани ин бозии математикї ба мо лозим аст, ки аз тахтаи андозаи 1х1 метрайнан мисли тахтаи бозии «майдони мўъљизот»-е, ки дар телевизиони Россия бо роњбарии Якубовский

Донишманде, ки дар соњаи хеш ба дараљаи њайратангез, ба андозае ки барои мардум тасаввурнопазир бошад, кашфиёте кунад, дањои он соња мањсуб меёбад. Чунин инсонњо соњибони тафаккур ва истеъдоди фавќулоддаанд. Айёме буд, ки чену барчен кардани сатњи љараёни оби Нил ба тасаввури касе намеѓунљид ва онро ба љуз њосили хаёлоти орзупарварон хондан имкон надошт. Балки дар он замон ягон олими рўйи замин дар зењн гунљонида наметавонист, ки чунин муаммо вуљуд дошта метавонад, чї расад ба ба кашфи он муаммо ва дар мавриди њалли он андеша кардан. Боиси фахри мо бояд бошад, ки фарзанди фарзонаи миллати тољик, донишманди бузург Ањмади Фарѓонї чунин муамморо кашф кард ва ба њалли он пардохт. Ўст кошифи дастгоњи обченкунии “Миќёс-ан-Нил”. Ањмади Фарѓонї дар куљо ва чї тавр сохта шудани ин иншоотро аз рўйи њисобу китоб даќиќ муайян карда, љазираи Равзоро љойи мувофиќ шуморид. Зеро аз сабаби дар ин мавзеъ баробар будани сатњи жарфои дарё љараёни об низ муътадил буд. Олими тавоно ба дохили иншооти обченкунї чоње канда, тавассути корез оби Нилро ба он чоњ пайваст. Ин кашфиёти бузург, ки дар љањон бо номи “Миќёс-ан-Нил” маъруф аст, ќариб 1150 сол инљониб даќиќ фаъолият дорад. Ин кашфиёт ба ањли дунё соњиби истеъдоди фавќулодда будани яке аз гузаштагони номвари моро собит сохтааст. Ањмад Абулаббос ибни

А) Дар болои тахта даврае кашида, онро ба 6 ё 8 ќисми баробар таќсим мекунем. Б) Мурватеро бо тирча устувор менамоем. В) Дар яке аз таќсимот Б (бонкрот) дар дигаре П (приз) ва дар дигар таќсимот бо воситаи ќоѓази сафед вобаста ба барномаи таълим мисолу масъалањоро мегузорем. Г) Мисолу масъалањоро тавре тартиб

додан лозим аст, ки љавобњо ягон рўзи љашнї ё ягон раќами махсусеро ифода намоянд. (Мисол, дар љавоби масъала раќами 100 барояд, ба 100 моддаи Сарќонун ишора бояд кард. Мисол: 4 х – 1 = 87 4х= 87 +1 4х=88 х=88:4 х=22 Раќами 22, 22 – солагии Истиќлолияти Ватани азизамонро ёдрас мекунад ва хонанда соњиби 22 хол мегардад. Бозии «Майдони мўъљизот» одатан шавќовар мегузарад ва хонандагон онро бесаброна интизор мешаванд. Онњо барои бештар омўхтани мисолу масъалањои барномаи синфиашон љидду љањд мекунанд. Вобаста аз мањорати хонанагон муаллим дар ќоидањои бозї метавонад таѓйироту иловањо ворид созад. Ин бозиро дар таълими тамоми фанњо гузаронидан мумкин аст. Тоњир ЃОИБНАЗАРОВ, омўзгори мактаби №2-и ноњияи Шоњмансур

Муњаммад ибни Касир (соли вафоташ 861) мунаљљим, риёзидон ва љуѓрофидон, дар Шарќ бо тахаллуси Њосиб (риёзидон) ва дар Ѓарб номи Алфраганус (яъне, Ал-Фарѓонї) шуњрат ёфтааст. Ањмади Фарѓонї пас аз омўхтани асарњои олимони Юнон ба тарљумаи онњо пардохтааст. Ў дар давраи хилофати Маъмун (813-833) дар бунёди расадхонањои Баѓдод ва Димишќ иштирок доштааст. Олими тавоно илмњои ситорашиносии замони худашро љамъ оварда, тањти номи «Мадхал-ун-нуљум» маљмўае тартиб додаст. Ањмади Фарѓонї дар ин маљмўаи илмї танњо мураттиб нест, балки ў љамъбастгари маљмўи осори нуљуми то он замон буда, навиштањои гузаштагонро бо назари тањлил омўхта, ба њар як назария фикр баён кардааст. Донишманди маъруф фикрњои як ќатор олимон, аз љумла Птолемейро танќид кардааст. Соли 812 дар асоси мушоњидањо дар расадхонаи Баѓдод кусуфи Офтобро пешгўйї ва шакли кура доштани Заминро собит кардааст. Ањмади Фарѓонї аз худ осори гаронбањое боќї гузоштааст. Ин осор дар китобхонањои бонуфузи Париж, Оксфорд, Лондон, Берлин, Ќоњира ва ѓайра мањфузанд. Метавон гуфт, Ањмади Фарѓонї ба њайси як риёзидон, маъданшинос, љуѓрофиёдон, ситорашинос, заминшинос ва ихтироъкори иншооти обёрикунї донишманди энсиклопедист буд. Тањияи М. ЭШОНЉОНОВА, «Омўзгор»

ОЗМУН

Роњхат ба даври дуюм Даври дуюми олимпиадаи хонандагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии ноњияи Файзобод аз рўи њамаи фанњои даќиќ баргузор гардид. Дар он теъдоди довталабон нисбат ба солњои ќаблї ду баробар зиёд буд. Пеш аз оѓози олимпиада мудири шуъбаи маориф Лутфулло Абдуллоев довталабонро барои иштироки фаъолонаашон дар олимпиадаи имсола табрик карда, барояшон комёбињо орзу кард. Довталабони мактабњо, хонандагони синфњои VIII, V, IХ, Х, ХI дар олимпиада фаъолона иштирок карда, аксар ба саволњои тестї ва корњои хаттї љавобњои ќаноатбахш доданд. Дар олимпиада довталабони мактабњои миёнаи раќамњои 19, 27, 11 љойњои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварда, барои иштирок дар даври сеюми олимпиадаи љумњуриявї роњхат гирифтанд. Њокими САФАР, ноњияи Файзобод

Соли тањсили 1979-1980 дар комбинатњои таълимию истењсолї 22 њазор нафар ба омўзиши 44 касб машѓул буданд.


6

ОМЎЗГОР

ПЕШНИЊОД

№ 50, 13 декабри соли 2013

МАСЛИЊАТИ МУТАХАССИС Солњои 2007-2008 Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон талаб кард, ки бояд барномаи таълимии курсњои такмили ихтисосро (бо аннотатсияи кўтоњ) коркард карда, барои тасдиќи мушовара пешнињод кунем. 27 номгўи барномањоро омода карда супориданд. Ин барномањоро шуъбаи мутасаддии дастгоњи Њукумат њам дида баромада буд. Ин барномањо солњои 2006-2010 рўи кор буданд. Боз дастури вазорат шуд, ки барои солњои 2011-2015 барномањои мављударо таљдиди назар карда, таѓйироту иловањо дароранд. Бо супориш ва ё хоњиш Барномаи намунавии бозомўзї ва такмили ихтисоси кормандони масъули раёсатњои маориф,

Курсњои такмили ихтисоси муаллимон ва кадрњои роњбарикунанда аз онњо истифода мебурданд. Курсњо 26-рўза (дар њаљми 156 соат) буданд ва имрўз њам бояд чунин бошад. Масалан, наќшаи таълимї-мавзўии курси директорони мактаби тањсилоти миёнаи умумї чунин ба тасвиб расидааст: проблемањои актуалии назарияи марксистї-ленинї ва сиёсати КПСС (28 соат); масъалањои назария ва методикаи тарбияи насли наврас (24 соат); масъалањои актуалии психологияи синнусолї, педагогї ва иљтимої (8 соат); масъалањои муњими дидактикї (12 соат); асосњои информатсионї ва техникаи њисоббарор (12 соат); масъалањои иќтисодии низоми маориф, такмили идораи мактаб (56 соат); масъалањои одоби муошират (этикет) ва зебоипарастї (6 соат); масъалањои актуалии њуќуќї (4 соат); суњбат (машварат), санљиш (зачёт), омодагї ва њимояи реферат (6 соат). Баъди он барномаи курс дода шудааст, ки он њар як мавзўи машѓулиятро дар њаљми 1-3 сањифа тавзењ додааст. Ин кори лекторро осон карда, мазмуни суњбати омўзгорро ба танзим медарорад ва сифату самараи машѓулиятро рушд мебахшад. Хубї ва дурустии ин кор дар он буд, ки мувофиќи дастури Вазорати маорифи ваќт-наќшаи таълимїмавзўї ва барномањои курсњои такмили ихтисоси намунавї буданд. Дар асоси он мутасаддиёни курсњои такмили ихтисос барномаю наќшањои таълимии курси худро тартиб медоданд ва онњоро роњбари донишкада тасдиќ мекард. Соли 1999 дар асоси онњо бо ташаббуси худ наќшањои таълимї-мавзўї ва барномањои курсњои такмили ихтисоси ДЉТИБКМ-ро тартиб додам, ки то солњои 2005-2007 рўи кор буд.

ПУРСИШУ ПОСУХ Ёдовар мешавем, ки ин масъала бори аввал нест, ки ба омўзгорон муаммо пеш меорад. Зеро на дар њама љо ва на њамеша ба ин чиз масъулини раёсатњои молия ва муњосибот розї шуда метавонанд. Чанд сол пеш пайи ин мавзўъ мо маќолаеро бо тањлил дар њафтатанома (бо њаммуаллифии С.Искандар.”Мушкили омўзгорро кї њал мекунад?”) ба чоп дода будем. Ба суоли мо дар ин маврид муовини вазири маориф Фатњиддин Исмонов (он ваќт сардори раёсати банаќшагирї, иљрои бюљет ва ояндабинии ВМ) љавоб дода буд, ки њамљоякор, на соатбайъ, њаќќи гирифтани рухсатпулиро дорад. Баъдтар вазири молияи ваќт Сафаралї Наљмиддинов низ дар мусоњибааш ба мо посух дод, ки имрўз муњтавои онро њуќуќшиноси Вазорати маориф ва илми љумњурї Саидвалї

Такмили ихтисос масъалаи љиддист

маќомоти мањаллии идории маориф (роњбарон, нозирон, мушовирон) ва роњбарони муассисањои таълимиро барои солњои 2011-2015 дар њаљми ќариб 50 сањифа омода кардем. Ин барномаест, ки аз сиёсат ва идораи давлатии низоми маорифи Њукумати Љумњурии Тољикистон маншаъ мегирад ва мо бояд ин сиёсатро амалї намоем. Соли 2012 њуљљате ба дастам расид, ки ба вазорат, АТТ, ДЉТИБКМ мансубият дошт, номаш “Барномаи намунавии такмили ихтисоси директорони муассисањои тањсилоти умумї”. Дар иљрои ин кор 22 нафар кормандони соњањои гуногун иштирок кардаанд. Ба наќшаи таълимии курси директорон шинос шудам. Ба ќисмати “Истиќлолияти давлати ЉТ ва сиёсати давлати ЉТ дар солњои маориф” (6 соат) ба љои 22-28 соат); масъалањои асосии педагогика (12 соат) ба љои 24-32 соат); идора ва сарварї дар соњаи маориф (75 соат ба љои 100 соат); идораи молиявї... (45 соат); коргузорї ва њуљљатнигорї (6 соат); асосњои технологияи информатсионї (12 соат, љамъ 156 соат, аз он љумла назариявї 88 соат, амалї 68 соат). Биёед, њар ќисмати наќшаи таълимїмавзўиро дар алоњидагї дида бароем: проблемањои актуалии сиёсї ва идории давлатии Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар ин ќисмат дар шакли дигар навишта шудаанд, љавобгўи ин масъала нестанд. Ба он 6 соат дода шудааст. Илова ба он, барномаи тавзењотии ин ќисмат ба талабот љавобгў нест. Шўрои Олии XVI Љумњурии Тољикистон, ќабули Консти-

тутсия, ќонунњои зиёд, ташкили давлат, њукумат, сиёсати давлатї ва хориљии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Паёмњои Президент ва баромадњои барномавии он кас дар ин 20 сол мавзўи омўзиш бояд ќарор мегирифтанд. Ин соати зиёдро талаб мекунад. Ба ќисмати “Масъалањои асосии педагогика ва психология” 12 соат дода шудааст, ки 8 соати он корњои амалї мебошад. Муаллимони мо имрўз бештар ба назария ниёз доранд, на ба амалия. Онњо амалияро њар рўз дар мактаб мебинанд. Дар њамин љо ба масъалањои асосии педагогика камаш 10 соат бояд бошад (6 соат, 4 амалї додаанд). Дар сутуни якум “Директори мактаб” навиштааст. Дар он хуб мебуд, тавзењоти барномаро менавиштанд. Аљоиб, 15 соат лексия мешунавем, 4 соат муњокима ва арзёбї мекунем... Ќисмати сеюми наќшаи таълимї“Идора ва сарварї дар соњаи маориф”бояд “Сиёсат ва идораи давлатии низоми маориф” номида мешуд. Ба он 75 соат дода шудааст, аз он 30 соаташ амалї ва 45 соаташ назариявист. Ин ќисмати муњим бояд аз 100 соат кам набошад. Директорон бояд 2-3 маротиба ба мактабњои базавї барои омўхтани таљрибаи пешќадам раванд. Аз рўи 20 мавзўъ лексия пешнињод шудааст... баъд аз рўи 38 мавзўъ кори амалї гузаронидаанд: онњо аз тестњо иборатанд: масалан, мактабро аз рўи кадом нишондињандањо (?) тањлил мекунанд? Стратегия чист?; Назорати дохилимактабї сохторе аст (?), ки... (Чунин мисолњо зиёданд). Магар лектор (омўзгор) сиёсати дав-

латро, ки аз дањњо санадњои меъёрию њуќуќї маншаъ мегиранд, ба хонанда не, ба роњбари мактаб, ки фаъолияти он бевосита ба сиёсату идораи давлатии низоми маориф тавъам аст, чунин таълим медињад? Тољикистони азизи мо соњибистиќлол буда, сиёсат ва низоми худро дорад. Ќисмати дигари барномаи мазкур “Идораи молиявї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї” ном дорад. Хуб мебуд, чунин мегуфтем: “Барномаи омўзиши масъалањои иќтисодї ва молиявии низоми маориф”. Ба ин ќисмат 10 соат додан кифоя буд. Талабот њам њамин аст. Дар наќша ба он 45 соат додаанд (назариявї-25, амалї-20 соат). Вале дар сањифаи дигари барнома (сањифаи 18) 26 соат дода шудааст. Дар сањифаи 26 ќисмате њаст, ки “Саволњои назоратї оид ба менељменти молиявї дар муассисањои тањсилоти умумї” ном дорад. Мо имрўз чунин мактаб надорем. Он 19 саволро дар бар мегирад. Илова ба он, боз дар ин љо њам тест бояд гузаронанд (35 тест). Њол он ки миќдори соатњои амалї 20- то нишон дода шудааст. Магар ин дуруст аст? Бинед, чї гуна тестњоянд: Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №505 кадом сол ќабул шуд?; Формулаи њисоби буљети кадом аст? ва ѓ. Дар ин барнома боз луѓати истилоњот ва луѓати истилоњоти идораи молиявиро њам додаанд, ки аз нигоњи ман, лозим набуд. Њамин тариќ, барномаи мазкурро рўи кор оварданд. Коркунони донишкадањо ба ин барнома чандон розї набошанд њам, ќарори мушовараро (25/34 аз 29.12.20012) дида кўшиш мекунанд, ки аз рўи он пурра амал кунанд. Вале лекторон аз уњдаи он (дар ќисми корњои амалї) баромада натавонистанд. Масъалањои иќтисодї ва молиявии низоми маориф хусусиятњои худро дорад. Њар мутахассисе, ки дар ин соња кор накарда бошад, мушкилї мекашад. Сармуњосиби шуъбаи маорифи ноњияи Фирдавсї розї шуд, ки фаќат 1 рўз (6 соат) бо шунавандагон машѓулият гузаронад. Маљбур шудем, ки соатњои боќимондаро ба омўзонидани масъалањои идории низоми мактабу маориф дињем.... Хулоса, ин барномаро мувофиќи талаботи сиёсату идораи давлатии низоми маориф коркарду корбаст кардан лозим аст. Магар ин дуруст, ки аз 26 рўзи курс 9 рўзаш ба корњои амалї (боз њам аттестатсия) бахшида шавад? Аз мутасаддиён хоњиш мекунам, ки боз як бор бо ин барнома дурусттар шинос шаванд. Њабиб ИСКАНДАРОВ, барандаи Љоизаи Президенти Тољикистон дар соњаи маориф

Даъвои њамљоякорон идома дорад Ќодиров чунин шарњ дод: -Тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №122 (17 апрели соли 1998) «Дар бораи шароити пардохти музди мењнати кории кормандони соатбайъ ва дар ду (чанд) љой коркунанда пардохтани ЉТ» (банди 9, «Шароити кори муштараки кормандони корхонањои Љумњурии Тољикистон» (замимаи ќарори

мазкур) рухсатии мењнатии пардохтшаванда ба муштараккорони иљрокунандаи вазифаи коргар (новобаста аз ишѓоли мансаб тибќи љои асосї), инчунин ба муаллимони мактабњо, омўзгорони мактабњои олї, омўзишгоњњои касбию техникї, техникумњо ва монанди онњо, кормандони педагогии муассисањои томактабї, кормандони тиб ва дорусозї дода

мешавад. Ба муштараккорон рухсатии мењнатии пардохтшаванда дар њолате дода мешавад, ки дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї дарљ шуда бошад.

Яъне, дар шартнома ин нукта таъкид шавад, њамљоякор њаќќи гирифтани рухсатпулиро дорад. Аз идора: Зимнан ба диќќати масъулин мерасонем, ки Дастурамал “Оид ба тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф”, ки аз љониби Вазорати маориф, вазоратњои мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, молия ва Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маориф 1 декабри соли 2010 тасдиќ шудааст, таљдиди назар мехоњад, зеро дар таъйиди баъзе масоил баёни мушаххас дида намешавад (аз љумла, ниг. ба моддаи 4.1 ва 4.2-и њамин њуљљат).

Соли 1980 535 бригадаи истењсолї ва 487 урдугоњњои мењнатию истироњатї ташкил шуданд.

Масъули гўша Саида НАБИЕВА


7 Иќдом, такопў ва муваффаќият ОМЎЗГОР

СИМО

ФАЪОЛИЯТ

Њамон давра аз падари бузургвораш шунида буд, ки «Иќдом кардану пушаймон шудан, бењтар аз ором нишастану орзу кардан аст». Акнун падараш кайњо аз олам гузашта ва ў њоло сари мизи корї ѓарќи гуфтори фавќ зиндагї ва мољарои онро аз ќуллаи 63-и њаёт ба тамошо нишаста Риштаи андеша боз њам ўро ба дурињои дур мебарад, меравад мурѓи хаёлаш ба сайри олами љавонї. Саъю талошњои худ, хаму печи масири зиндагї якояк аз навори хотираш мегузаранду ба лавњи дидааш наќши чењраи нуронии падар равшан њувайдо мегардад… Дар як зум гоње риштаи хаёлаш гусаста, ў ба худ меояд ва меандешад аз бурду бохти рўзгору муваффаќиятњои хеш… Дарвоќеъ, ў шахсест, ки на танњо иштибоњ надорад, балки аз иќдоми худ пушаймон њам нест. Шиораш дар зиндагї танњо аз ин се калима иборат аст: Амал, амал ва боз њам амал! Шахсе, ки мавриди тасвири мо ќарор дорад, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Рашт Давлатмањмад Алиев мебошад. Ў 10 октябри соли 1950 дар дењаи Ялдамичи љамоати дењоти Ќалъанак дар оилаи коргар по ба арсаи њастї нињода. Падараш бобои Њаймањмад марди сахию ободкоре буд. «Дасти нињол дорад,»- мегуфтанд ўро њамдењагонаш дар суњбатњо. Њанўз њам дар њар гўшаю канори рустои Ялдамич

ааз дасти ў дарахтњое муътамад ќ ќомат афрохта… Давлатмањмад Алиев баъд ди хатми мактаби зодбумаш ттањсили миёнаро дар мактаби №1, шањраки Ѓарм гирифта, соли 1967 бањри амалї намудани орзуњои хеш барои тањсил ба ДДОТ ба номи С.Айнї рањсипор мегардад. Дар риштаи физика ва математикаи донишкада бо бањои аъло тањсил намуда, баъди хатми он бо роњхати Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба ноњияи Рашт баргашта фаъолияти кориашро аз мактаби миёнаи №25, дењаи Ќалъанак оѓоз менамояд. Тайи ду соли кориаш дар мактаби мазкур њунар ва мањорати омўзгориашро бараъло нишон медињад. Омўзгори љавон буд њамон давра, вале аз ў ибрат мегирифтанду кор меомўхтанд омўзгорони собиќадор. Шуъбаи маорифи ноњия њунар, мањорат, ќобилияту истеъдоди омўзгорї ва роњбарии ўро ба инобат гирифта мавсуфро бар курси думоњаи омодагї ба директории мактаб сафарбар менамояд. Баъди хатми курс соли 1980 дар шуъбаи маориф ба њайси сарнозир ба кор шуруъ мекунад. Аз соли 1980 то соли 2010 дар вазифаи мазкур ва љонишини мудири шуъбаи маориф бо як фармон бенуќсон кор мекунад. Соли 2010 маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Рашт ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба дўши ў вазифаи мудирии шуъбаи маорифро вогузор намуданд. Инак, се сол аст, ки ў дар ин вазифа кору фаъолият дорад. Тайи се соли кории

№ 50, 13 декабри соли 2013

ў, бо дастгирињои раиси ноњияи Рашт Саидумрон Абдурањмонов ва Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон дар соњаи маорифи ноњия таѓйироти љиддие ба миён омад. Мањз дар давраи кории ў бо маќсади пурра ба тањсилоти миёнаи умумї фаро гирифтани кўдакони синни мактабї, ба вижа духтарон, шумораи мактабњои тањсилоти миёнаи умумї аз 34 ба 52 адад расонида шудаанд. Як нукта мавриди зикр аст, ки солњои ќаблї дар маљмуъ аз љумлаи хатмкунандагони синфњои 9ум њамагї аз 80 то 100 нафарї ба синфи 10 љалб карда мешуданду халос. Ин боис ба он гардид, ки аз љумлаи хатмкунандагони синфи 9-ум имсол 584 нафар духтарон дар синфи 10 ва 511 нафари дигар дар синфи 11 тањсил намуда истодаанд. Ба мактабњои олї дохил гардидани хатмкунандагон низ рў ба афзоиш ёфт. Мањз соли љорї аз љумлаи хаткунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњия 438 нафар, аз љумла 39 нафар духтарон дохил карда шудаанд, ки ин дар ќиёс бо солњои 2009- 2010 дуюним баробар зиёд аст. То соли 2011 дар мактабњои хориљи кишвар аз ноњия касе тањсил наменамуд. Ба ин масъала шахсан худи ў машѓул гардида, дар натиљаи саъю талошњои зиёд ва бурдани корњои таблиѓотї муваффаќ гардид, ки алъон 49 нафар хатмкардагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњия дар мактабњои олии хориљи кишвар расман тањсил намоянд. Дар ин давра дар соњаи

маорифи ноњия 25 бинои нави таълимии замонавї сохта ба истифода дода шуда, дар назди мактабњои тањсилоти умумии ноњия бо дастгирии ањолї 92 синфхонаи иловагї сохта шудааст. Се бинои таълимии фарсудашуда, ки солиёни дароз рўи таъмирро надида буданд, бо сифати замонавї таъмир ва таљњизонида шуда, як бинои хобгоњи 4 њуљрагї барои омўзгорон аз тарафи ањолї сохта шуд. Њамчунин 2 бинои таълимии дигар, ки сохтмонашон аз даврањои Шўравї нотамом монда буданд, идома ёфта, як ќисмашон њусни анљом ёфтаанд. Натиљаи ташаббускорињои ў буд, ки соли равон бобати таъмиру тармими муассисањои таълимї аз њисоби ањолї барои њар як мактаб аз 2 то 6 њазор сомонї кўмак расонида шуд. Зимни саъю талошњои ў

МЕЊРНОМА

Самандар ИСКАНДАРОВ, Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

ЧОРАБИНЇ

Омўзгор будан шараф аст

Фаъолияти педагогии худро дар мактаби миёнаи тањсилоти умумии №6 – и ба номи Жданови ноњияи Кўйбишеви вилояти Ќўрѓонтеппа њамчун муаллими математика – физика оѓоз намуд. Аз соли 2000 то соли 2010 њамчун муаллими фанни физика дар гимназияи раќами 74 ва аз соли 2011 то 2012 дар гимназияи хусусии « Њикмат» фаъолият намудааст. Аз моњи октябри соли 2012 тибќи озмун дар литсейи раќами 2 ду сол аст, ки аз фанни физика

бо маќсади рушди тарбияи томактабї имрўз дар назди 34 мактаби ноњия аз њисоби Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттањид (ЮНИСЕФ) Марказњои инкишофи кўдакон таъсис дода шудаанд, ки дар њамаи онњо 683 нафар кўдакони синни томактабї фаро гирифта шудаанд. Илова ба ин, зиёда аз 100 нафар кўдакони синни томактабии дигар ба боѓчаи бачагонаи №1 фаро гирифта шудаанд... Муњимтарин вазифаву масъулияти зиндагї тарбия ва ба воя расонидани фарзанди солим, таъмини шароити зиндагї ва пойдории мустањками оила дар баробарии њуќуќи мард аз зан низ вобастагии сахт дорад. Њамсари ў Б. Амонова маълумоташ олї, ихтисоси муаллимаи фанни математика, «Аълочии мароифи Тољикистон» буда, дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №26 солиёни дарозест, ки омўзгорї дорад. Номбурда соњиби 6 нафар фарзанд, 2 духтар ва 4 писар мебошад. Њамаи фарзандони ў соњиби маълумоти олї ва љойи кор буда, духтари дуюми ў Сайёра Алиева номзади илмњои тиб гардидааст. …Ў њанўз њам сари мизи корї нишаста ѓарќи андеша аст. Аз иќдоми худ пушаймон нест. Зеро такопў, љустуљў ва амал дар нињодаш модарзодист. Шиораш дар зиндагї аз ин се калима иборат буд ва алъон њам њаст: Амал, амал ва боз њам амал!..

дар синфњои таълимашон бо забони русї дарс мегўяд. Омўзгор бо муносибат , рафтору кирдор, дониш, мањорат, малака ва истеъдоди омўзгории худ ба ќалби шогирдон ва њамкорон роњ ёфтааст. М. Исмоилов бањри таваљљуњи шогирдонро ба фанни физика бештар љалб намудан, алоќаро бо устодони гимназия, литсейњо, донишгоњу донишкадањо мустњкам намуда, бањри дастрас намудани воситањои аёнї, асбобњо барои иљрои

ко корњои лабораторї, оз озмоишї ва амалї саъю кў кўшиш ба харљ медињад. Дар ташкил ва гузаро ронидани њафтаи фанни ф физика хонандагонро ба навиштани реферат, м маърўза ва ихтироъкорї њи њидоят мекунад. Шогирдони ў дар ол олимпиадањои ноњиявї, ш шањрї, байналмилалї ш ширкат варзида, сазовори љойњои намоён гардиданд. Соли 1973 дар конференсияи байни љумњурињои иттифоќї дар шањри Москва иштирок намуда, дар мавзўи «Тарбияи ватандўстї дар таълими физика» баромад намуд ва маќолааш дар китобчаи «Мулоњизањои олимони љавони физика» ( «Тезиси молодых учёных по физике») нашр гардидааст. М. Исмоилов то ин дам зиёда аз 20 маќола таълиф кардаву дар маљаллаи «Мактаби

советї», нашрияњои «Маориф ва маданият», «Омўзгор», ва «Њомии омўзгор» ба чоп расонидааст. М. Исмоилов аз соли 1970 то соли 1997 њамчун сарвари њакамони фанни физика дар олимпиадањои љумњуриявї дар шањрњои Тифлис, Алмаато, Новосибирск, Минск, Киев, Боку, Свердловск ва Тошкент иштирок кардааст. Хизматњои ў бо нишони «Аълочии маорифи Тољикистон», Ифтихорномањои фахрии «Академияи илмњои СССР» ва Ифтихорномаи фахрии Вазорати маорифи Тољикистон ќадр карда шудааст. Муњаммадї НАРЗИЌУЛОВ, љонишини директор оид ба корњои таълимии литсейи №2 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе

«Донишвари умедбахш» Дар шањри Кўлоб дар байни хонандагони зинаи аввали тањсилоти муассисањои таълимии шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб озмуни вилоятии «Донишвари умедбахш» баргузор гашт. Њадафи асосии озмун муайян намудани хонандагони болаёќат, ки ба омўзиши фанњои забони модарї, риёзї ва табиї шавќ доранд, муайян намудани дараљаи фаъолият ва мањорати омўзгорони синфњои ибтидої буд. Аз байни 61 нафар иштирокчиёни озмун 40 нафарашон дониши хуб нишон доданд. Махсусан, иштироки фаъолона ва дониши хуби намояндагони шањри Кўлоб ва ноњияњои Данѓара, Ховалинг, Мўъминобод ва Шўрообод назаррас буд. Ѓолибон бо тўњфањои хотиравї ќадрдонї шуданд.

Омодагии хуб Муассисањои таълимии ноњияи Мўъминобод ба давраи тирамоњу зимистони солњои 2014-2015 омодагии хуб диданд. С.Рањимов мудири шўъба иброз намуд, ки дар ноњия 60 муассисаи таълимї ва як муассисаи томактабї фаъолият доранд. Бо дастгирии раиси ноњия то имрўз дар мактабњо 130 тонна ангишт, 1960 метри мукааб њезум, 3600 литр сўзишвории дизелї ва миќдори муайяни сўзишвории табиї захира

Соли тањсили 1979-1980 дар 3033 мактаб 995809 хонанда тањсил мекарданд.

гардидааст. Дар мактабњо 610 бухорї 80 адад генератори барќї гузошта шишабандии мактабњо пурра ба анљом расидааст. Айни замон мактабњо бо гармидињї таъмин буда, мактабњои № 1,2,30,39,50, мактаб-интернат ва боѓчаи бачагон бо шабакаи барќи доимї пайваст карда шудаанд. Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»


8

ОМЎЗГОР

МУШКИЛОТИ РЎЗ

№ 50, 13 декабри соли 2013

кор хоњад омад. Мутобиќ ба он интизор меравад, ки аз ин пас кўдаконро барои баъзе љиноёти начандон вазнин њабс накунанд. Алъон мо њамроњи вакилони Маљлиси намояндагон тарњи нави ќонуни њуќуќи кўдаконро омода карда истодаем. Дар он нуктањои муњим дар бораи њимояи кўдакон аз зўровариву шиканља ворид карда мешаванд. Созмондињандагони њамоиш аз охирин ќазияи марбут ба озору шиканљаи кўдак, ки бо мањкумшавии як маъмури милисаи ноњияи Ёвон барои 7 сол ба зиндон анљомидааст, ёдовар шу-

ЊУЌУЌИ КЎДАК

НИШАСТ

Ба хушунат бачањо низ гирифторанд?

Дар баробари ин, чанд сол аст, ки дар Љумњурии Тољикистон лоињаи «Пешгирии зўроварии хонаводагї» татбиќ шуда, аз љониби Ољонсии Швейтсария оид ба рушд ва њамкорї маблаѓгузорї карда мешавад. Дар чањорчўбаи маъракаи байналмилалии «Шонздањ рўз бе зўроварии хонаводагї» ва бо дарназардошти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба пешгирии зўроварї дар оила» аз 25 ноябр то 10 декабри соли љорї таљлили

мебарад. Дар чор соли фаъолият ба утоќи махсус тањия намуда, беш аз њазор нафар барои амали зуњуроти нангин бозпурсї шуда, тибќи љиноятњояшон ба муљозот кашида шудаанд. Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо як ќатор вазорату идорањо, аз љумла, бо Вазорати маориф ва илми Тољикистон њамкории пайваста дорад. Раиси ташкилоти љамъиятии «Занони маълумоти олидор» Г. Бобосодиќова ба он назар аст,

якчанд чорабинии иттилоотї дар мавзўи кам кардани зўроварии хонаводагї ва баланд бардоштани сатњи маълумоти иштирокчиён ба наќша гирифта шудааст. Бо роњбарияти лоиња ва як ќатор кормандони соњаи њуќуќ ва бо иштироки рўзноманигорони ватанию хориљї нишасти матбуотї барпо гардид. Зумрад Солиева, љонишини сардори раёсати муносибатњои байналхалќии ВКД Љумњурии Тољикистон, полковники милиса, гуфт, ки раёсат њамеша бањри пешгирии чунин зуњурот аз тамоми воситаю имкониятњо истифода мебарад. Аз љумла, дар назди вазорат утоќи махсуси бозпурсии шахсони ба хушунат, таљовуз ба номус ва одамфурўшї гирифторшуда ташкил шудааст. Њамчунин, гурўњи махсус таъсис ёфтааст, ки дар байни ањолї барои рањої ёфтан аз чунин амалњои ношоиста фаъолият

минбаъд дар ќонун. «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд таѓйиротњо ба амал оварда шаванд. Ба аќидаи ў, шояд дар назди њукумат вобаста ба ин масъала Шўрои координатсионї ташкил гардад ё ин ки иљрои амали ќонун ба зиммаи Кумитиаи занон вогузор гардад. Чунонки Г. Бобосодиќова афзуд, дар 6 мактаби олии љумњурї ва 2 коллељи пойтахт мулоќотњои судбахш гузаронда шуд. Аз хусуси зарурати ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба пешгирии зўроварї дар оила» сармутахассиси ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Шањбоз Лоиќов андешаронї намуда, иброз дошт, ки амалї кардани он бояд ба таври љиддї сурат гирад.

СЕМИНАР

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Коршиносон зидди карсер барои кўдакони зиндонї

Њадафи лоињаи мазкур аз байн бурдани хушунат алайњи кўдакон дар муассисоти баста, дар заминаи ќонунгузорї манъи нигањдории онњо дар якљоягї бо бузургсолон ва ќатъи љой додани ноболиѓон дар селулњои инфиродї (карсер) аст. Дар њамойиш намояндаи Маркази њуќуќи кўдакон Гулчењра Рањмонова изњор дошт, ки њоло дар ќонунгузории кишвар манъи ќатъии нигањдории кўдакон бо бузургсолон вуљуд надорад. - Ќонунгузории Тољикистон имкон медињад, ки дар њолатњои истисної ноболиѓони ба ќавле «душвортарбия» њамроњи калонсолон дар зиндонњо нигоњ дошта шаванд. Ва дар ин маврид ягон фењристи хоси њолатњои истиної мављуд нест. Дар чунин шароит кўдакон метавонанд мавриди зўроварї ва хушунат ќарор гиранд, -изњор дошт Рањмонова. Мавсуф инчунин ќайд кард, ки селул (камера)-њои инфиродї дар муассисоти ислоњотии кишвар чун таљрибаи замони шўравї боќї мондааст. -Њолатњое њастанд, ки кўдакон ба муддати то 7 шабонарўз дар селулњои инфиродї нигањ дошта мешаванд ва маъмурони зиндон бо тавсияи кормандони тиббї онро амалї месозанд. Селулњои интизомї ва ё карсерњо усули истисноии муљозот бошад њам, он то њол дар ќонунгузории Тољикистон љой дорад,- гуфт ў. Намояндаи Идораи байналмилалии ислоњот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна (PRI) Азамат Шамбилов дар ин бора таъкид кард, ки аз рўйи меъёрњои байналмилалї селулњои инфиродї ва интизомї дар муассисоти баста ба њайси љазои изофї манъ мебошад. Дар аксари мамолики пешрафтаи љањон чунин тарзи муљозот аз байн бурда шудааст. - Алъон мо љиддан барои аз байн бурдани карсерњо

дар зиндонњои калонсолони Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва дигар давлатњои љањон кор карда истодаем. Барои нафароне, ки мањбус шудаанд, ин њолат аллакай аз озодї мањрум будан аст, ки бешубња, љазои сангин аст. Онњо набояд ду маротиба љазо дода шаванд. Ба њамин хотир селулњои инфиродї омили зўроварї, хушунат, мањдудияти хуќуќи инсон ва рафтори берањмона мебошанд, - изњор дошт А.Шамбилов. Созмондињандагони њамоиш ќайд карданд, ки солњои 20112012 аз љониби онњо пажўњише миёни 56 кўдак сурат ёфт. Аз ин теъдод 37 нафар изњор доштанд, ки мавриди хушунат ё озор ќарор гирифтаанд. «Воќеан, дар Тољикистон ќонуни махсусе вуљуд надорад, ки њуќуќи ќўдаконро аз фишору зўроварию шиканља њимоят кунад. Ќонун дар бораи зўроварї ва хушунат дар оила њаст, вале мо медонем, ки он на танњо кўдаконро, балки тамоми оиларо дар назар дорад. Ќонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд низ њаст, вале дар он масъулияти идороти давлатї ба тарзи лозима дарљ нагаштааст. Алалхусус масъулияти муассисоте, ки дар онњо тифлон нигоњ дошта мешаванд, ќайд нашудааст. Боз як санади њимояи њуќуќи кўдакон дар муассисоти баста мављуд аст, ки аз љониби њукумати кишвар барарсї шудааст, вале он њамагї характери тавсиявї дорад. Ба њамин хотир аз рўйи он на дар њамаи муассисањо кор бурда мешавад», - изњор дошт Гулчењра Рањмонова. Дар ин маврид Ваколатдори њуќуќи башар дар Тољикистон Зариф Ализода гуфт: Дар кишвар айни њол ислоњоти ќонунгузории љиної рафта истодааст. Ба наздикї нусхаи љадиди кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон рўйи

Њунар омўз к-аз њунармандї… Дар он С.Талбова, К.Шарифов, Э.Хушбахт, омўгори ин макЭ таб М.Љабборова дар мавзўъњои та касбомўзї, интихоби дурусти ка касб, наќши нашрияи «Омўзгор» ка дар ин самт ба хонандагон да маслињатњои муфид доданд. м Тавре иштирокдори семинар С. Талбова иттилоъ дод, бо н маќсади бештар кардани самам раи р машваратњои фардию гурўњї аз намудњои гуногуни вараќа ва саволномањо доир ба муайян кардани майлу раѓбат ва тањќиќи ка сатњи тайёрии касбии хонандагоса

ни синфњои болоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої ва миёнаи касбї, омўзишгоњњои касбию техникї, литсейю коллељњо ва пурсишњои равонї васеъ истифода бурда мешаванд. Аз љумла, ќабл аз семинари мазкур бо хонандагони синфњои 9 ва 11 машваратњо доир гардида, ба иштирокдорон саволномањои тестї низ таќсим карда шуд, ки дар ин асос интихоби дурусти касби хонандагон муайян гардид. Эњсони Хушбахт аз иќдому дастгирињои Президенти кишвар

дар самти маориф, аз љониби Вазорати маориф ва илм амалї гардидани як ќатор барномањои давлатї дар самти тањсилоти миёнаи касбї ва инъикоси њаёти њамарўзаи соњаи маориф дар њафтаномаи «Омўзгор» сухан кард. Зикр шуд, ки маќолањои мутахассисони Маркази љумњуриявии роњнамои касбї бо роњнамоии директори он Файзулло Шодиев дар матбуоти даврї, хусусан, њафтаномаи «Омўзгор» доир ба интихоби бошууронаи касб, пешнињоди касбњои замонавї барои љавонон, ањамияти

данд. Машраб Алиев дар озору шиканљаи як ноболиѓи боздоштшуда муљрим дониста шуд. Ин корманди милиса дар соли 2012 Хушваќт Мањмадсаидов, сокини 16-солаи ноњияи Ёвонро, ба гумони дуздї боздошта, мавриди шиканља ќарор додааст. Ин кўдак пас аз бозпурсї ба хона баргашта, аз тарси шиканљаи он корманди милиса ќасди худкушї кардааст, аммо пайвандонаш аз ин амал огоњ шуда, наљоташ додаанд. Ба гуфтаи кормандони Маркази њуќуќи кўдакони Тољикистон Хушваќт Мањмадсаидов дар љараёни шиканља шудан дар ноњияи гурдааш осебњои љиддї дида ва бо мадади ин созмон љарроњї шудааст. Ќарор аст базудї хонаводаи ў аз додгоњ дархости љуброн барои осеби љисмонию маънавї кунад. Дар ин росто, А.Шамбилов ба таљрибаи PRI такя карда, таъкид дошт, ки корњои тавонбахшї (реабилитатсия) набояд пас аз озод шудани кўдакони мањбус оѓоз шаванд. Онњо бояд аз рўзњои аввали ба зиндон афтоданашон ба зиндагии берун аз мањбас омода шаванд. «Ноболиѓон дар муассисоти баста набояд мањкум карда шаванд, онњоро дар чунин љоњо тарбия кардан бояд», - таъкид кард номбурда. Дар маросими рўйнамои лоињаи «Мањви батадриљи кўдакозорї дар муассисоти баста», ки бо мадади Иттињодияи Аврупо дар се кишвар Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон тайи се соли оянда амалї хоњад шуд, намояндагони созмонњои Маркази њуќуќи кўдакон, Ваколатдори њимояи њуќуќи башар дар Тољикистон ва Идораи Байналмилалии Ислоњот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна иштирок доштанд. Ситорабону НАЗАРОВА, «Омўзгор» машваратњои касбї дар интихоби касби љавонон нашр мегардад. -Дар шароити кунунї њар як шахс имкони пурра дорад, мувофиќи майлу хоњиш, завќ ва истеъдоди фитрї бо назардошти шавќу раѓбати худ ва имкониятњои љомеа озодона касби дилхоњ, љойи тањсил ва кори худро интихоб намояд, -зикр кард иштирокдори семинар С.Талбова. Дар охир натиљаи санљиши тестии хонандагон вобаста ба интихоби касб, ки ќаблан гирифта шуда буд, аз љониби мутахассисони марказ дар назди хонандагон баррасї гардид. К. ШАРИФОВ, мутахассиси пешбари МД МЉРК

Соли 1971 дар ас асоси факултаи варзиши Донишкадаи омўзгории шањри Душанбе Донишкадаи варзиш ташкил шуд.


ОМЎЗГОР

МАЪРИФАТ АНИС

№ 50, 13 декабри соли 2013

9

Љањони мо мунаввар аз китоб аст Суњбат бо раиси нашриёти “Адиб”, раиси Ассотсиатсияи ноширони Љумњурии Тољикистон Фарњод Каримов

Ўро Фарњод Каримов ному насаб аст ва солњои тўлонист, ки дар бузургтарин нашриёти мамлакат – “Адиб” кор мекунад. Соли панљум аст, ки масъулияти сарварии нашриёти мазкурро ба зимма дорад. Чун аз ў хоњиш кардем, ки суњбате бо мо перомуни масоили китобу китобдорї дошта бошад, гарм пазируфт ва сухане илњомбахш барои мо гуфт: - Дар бораи китоб сухан гуфтан бароям њамеша гуворост. Ва чун донист, ки суњбати мо дар њафтаномаи “Омўзгор” ба нашр хоњад расид, чењрааш бештар шукуфт ва бидуни суоле аз мо оѓози сухан кард. -Дар сањифањои “Омўзгор” ба табъ расидани њар матлабе боиси ифтихор аст. Ин нашрияи собиќадору маъруф дар таърихи матбуоти тољик мавќеи шоистаеро дорост, соњибмактаб аст. Дар идораи “Омўзгор” бисёр чењрањои маъруфи илму адаби мамлакат кор кардаву бењтарин чакидањои хомаашонро ба нашр расонидаанд. Ман аз овони мактабхониям бо “Омўзгор”, ки он ваќт “Маориф ва маданият” ном дошт, ошної пайдо карда будам. Бисёр шуморањои онро аз дасти устодонам ба орият гирифта, њарф ба њарф мутолиа мекардам ва махсусан, аз хондани нигоштањои бадеї лаззат мебурдам. Имрўз њам “Омўзгор”-ро пайваста мутолиа мекунам ва хурсандам, ки он ба суннатњои дерини хеш, амсоли њаќиќатпарастї, воќеънигорї, фасењгуфторї... содиќ мондааст. - Барои ин ќадар мењру самимият нисбат ба њафтаномаи Омўзгор” аз номи кулли алоќамандони он ба шумо арзи сипос менамоем. Воќеан, муљиби ифтихори њар нашрия бувад њаводору хайрхоње чун шумо доштан. Дар идомаи суњбатамон аз забони шумо, ки њамбастагии ќавию њамешагї бо китоб доред,

сухане чанд дар ситоишу тавсифи су “фурўѓи субњи доної” шунидан “ф басо ба мароќовар ва хушоянд хоњад буд. бу - Дар тавсифу ситоиш ва бузургдошти китоб аз љониби ашхоси муъдо табару донишвар суханони зиёд, та суханони баланду пурмењр гуфта су шудаанд, мадњияњо иншо гардидаш анд. Дар забони русї китобе њаст ан бо номи “Сухан дар бораи китоб” (“Слово о книге”). Њикматњо, гуф(“ тори то пурмењр ва нуктаву ќайдњои зиёдеро дар таърифу тавсифи китоб зи дар бар мегирад он. Ва ин китоби да бузургњаљм дар Русия беш аз дањ мабу ротиба батакрор нашр шудааст. Китоби мазкурро мутолиа карда, кас боз њам ба китоб, ба ин муъљизаи муъљизањо сари таъзим фуруд меоварад, ба азамату ќудрати он ќоил мешавад. Тамоми бузургони олам бунёди комёбињои хешро дар китоб донистаанд. Ман љонибдори кулли тавсифоти эшонам ва аз ин лињоз дар иртибот ба суоли шумо чанд гуфтори њикматрезро аз китоби мазкур иќтибос меоварам: “Китоб шуълаи дил, оинаи тан, омўзгори соњибхирад, дурафкани балоњо, њамроњи шавќбахш, дўсти содиќ, сарчашмаи забономўзї ва гулистони бехазон бувад”, - ин фармудаи Лука Пенна ном донишманди инглистабор аст. Суханони зер ба абармарди маъруфи ањди ќадим Ситсерон мутааллиќанд: “Китобхонї љавониро пурсамар ва пириро пурфарањ мекунад, хушбахтиро меафзояд ва аз бадбахтї амон мебахшад”. Ин гуфтаи Горкийи бузург низ шоистаи таваљљуњ аст: “Китоб хонед, њар як китоб ба шумо хоњад гуфт, ки чї гуна бояд зист ва чї тавр хушбахт метавон шуд”. Ва бо ин њама, ба назарам, бењтарин ва муассиру пуробурангтарин ситоишнома дар васфи китоб њамон шоњбайти машњури Абдурањмони Љомист: Аниси кунљи танњої китоб аст, Фурўѓи субњи доної китоб аст. Китоб роњбари маънавї, пири хиради њамагон аст. Он ба сони машъали фурўзон муњити моро, љањони моро мунаввар мекунад ва њидоят ба љодањои ростин, даъват ба ростиву ростагорї менамояд. Бо китоб гаравидан маънои аз нокомї эмин буданро дорад. Пас, бигзор, китоб њамдаму њамрозу њамсафару њамнафаси њамешагии ањли љомеа бошад. - Гоњо тавассути воситањои ахбори омма нидоњои таассуфбору ташвишомез оид ба костагии

УСТОДОНИ МО

таваљљуњи мардум нисбат ба китобу китобхонї шунида мешаванд. Шумо низ ба ин назар мувофиќед? - Соле чанд ќабл аз ин ман њам сад дар сад бо инчунин нидоњо њамовоз будам. Воќеан њам, халќи тољик, ки табиатан китобхону китобпараст аст ва эътимоду ихлос ба китоб дорад, замоне, аниќтараш, аз солњои навадуми садаи гузашта то ду-се соли охир аз “аниси кунљи танњої” барканор монда буд ва фикр мекунам, ки сабаби ин њолат возењу равшан аст: пеш аз њама, нобасомонињои рўзгор, вазъи гарони иќтисодї, камбизоатии мардум… Хушбахтона, солњои охир вазъ дигаргун гаштааст ва мо боз бармегардем ба асли хеш, тадриљан хислати азалии мо – рўй ба фарњанг доштан боз боло мегирад. Ман инро, ба вижа, њангоми сафарњои Корвони китоб дар тамоми манотиќи кишвар ба мушоњида гирифтаам. Зимни ин сафарњо мо дар маркази шањру ноњияњо намоиш ва фурўши китобњо ташкил менамудем ва зимнан, назораи он манзарае басо хушоянду гуворо буд, ки чї тавр мардум ба амри дил ба намоишгоњи китоб меоянд, бо шавќ китобњоро вараќ мезананд, даста-даста китоб мехаранд. Оре, љомеаи мо на танњо зоњиран, балки маънаван низ таѓйир меёбад, такомул мепазирад. Албатта, ба ин, пеш аз њама, сиёсати хирадмандонаи Сарвари љумњуриамон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон мусоидат карда. Президенти муњтарами мо зимни аксар суханронињои хеш мардумро, ба вижа, љавононро ба китобдўстию китобхонї даъват менамоянд. Бо ибтикори Президент дар Ватанамон Рўзи китоб (4 сентябр) муќаррар гардид, дар маркази тамоми шањру ноњияњои мамлакат фурўшгоњњои китоб ифтитоњ гардиданд, њамасола аз њисоби хазинаи Президент барои чопи бењтарин китобњо маблаѓи зиёд људо мешавад… Аминам, ки бо гузашти чанд соли дигар ва дар радифи боз њам рушд ёфтани кишвар мардум боз њам бештар рўй ба китоб меоваранд, китоб дигарбора љузъи муњиму ифтихори њар як хонадони тољик мегардад. - Нашриёти “Адиб”, ки шумо њоло онро сарварї доред, бузургтарин муассисаи нашриявии Тољикистон аст. Фикр мекунам, бидуни тавзење ба фаъолияти он суњбати мо номукаммал хоњад буд.

- Нашриёти “Адиб” соли 1987 таъсис ёфтааст ва ѓолибан бо чопи адабиёти бадеї машѓул мебошад. Таъсиси ин нашриёт ба рушду такомули адабиёти тољик такони љиддие бахшид. Дар як муддати кўтоњ (дар солњои аввали фаъолияташ) нашриёт бо китобњои чопнамудааш ва бо сифати мањсулоташ маъруф гардид, эътироф шуд. Дар “Адиб” китоб чоп кардан барои њар эљодкор шарафу ифтихор буд. Пас аз нобасомонињои солњои 90-уми асри гузашта, аз оѓози нахустдањсолаи асри навин нашриёт тадриљаи эњё гардид, нерў гирифт, такмил ёфт. Махсусан дастгириву рањнамоии Президенти мамлакат ба ташаккулу пешрафти њаматарафаи нашриёт мусоидат кард. Дар шумори дигар тадбирњо Президент њамасола барои чопи асарњои адибон махсус маблаѓ људо менамоянд. Њоло “Адиб” фаъолияти бомарому бавусъат дорад ва пайваста бењтарин асарњоро ба нашр мерасонад. Танњо дар давоми се-чор соли охир нашриёт дар беш аз 10 озмун (аз љумла, дар озмунњои байналмилалї) ѓолибият ба даст оварда (барои чопи хушсифати китобњо, ороиш ва бандубасти онњо), соњиби љоизаву дипломњо гардид. Нашриёт њамбаста бо чопи бењтарин ва хушсифаттарин китобњо дар тарѓиби китоб ва адабиёти бадеї низ фаъолияти муассир дорад. Мо ифтихормандем, ки мушкилињои зиёдеро бартараф карда, сатњу сифати табъу нашрро хеле баланд намудем. Хонандагони мо, ба вижа, чопи китобњои адибони классики тољик ва љањонро пазируфтанд. Чопи силсилаи 50-љилдаи “Ахтарони адаб”, ки бо ибтикори Президенти мамлакат оѓоз ёфт, њодисаи воќеан њам, муњиме гардид

Сарбаландї гар бихоњї…

Ў аз зумраи занњои њалиму ѓамхор, дидадаро, хушмуомилаю хушгуфтор, ўњдабаро ва масъулиятшинос буда, бо дасту дили пок, донишу мањорати баланди касбї миёни ањли љомеа, омўзгорону њамкорон ва донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон соњиби обрўю эътибор гаштааст. Сарбаландї гар бихоњї бо њама якранг бош, Ќолин аз садрангии худ зери по афтодааст. Мардуми тољик маќоле доранд, ки «Дарахт дар як љой сабз мешавад». Агар аз њамин дидгоњ ба роњи тайкарда, рўзгору осор ва сањифаи зиндагии Њуснигул Талбакова назар кунем, шоњиди ин гуфтањо ме-

ш шавем. Аз соли 1976 то б њол ба донишљўёни ба ф факултетњои филология, л журналистика, таърих ва забонњои т Осиё ва Аврупои О донишгоњ аз назокати д сарфу нањви забони адабии муосири тољик таълим медињад. Ривояте њаст, ки: «Офтобро пурсидаанд, кї дар дунё аз њама бузург ва тавоно аст?» Офтоб дар љавоб мегўяд. «Аз њама бузург ва тавоно дар дунё инсон аст». Аз ў боз мепурсанд, ки: «Сабаби бузургию тавоноии инсон дар чист?». «Офтоб дар љавоб мегўяд, ки бузургию тавоноии инсон дар он аст, ки аз ў фарзанд ба дунё меояд». Бе муболиѓа,

дар зиндагї кам касоне њастанд, ки Худованд ба онњо чунин азамату бузургиро насиб гардонида бошад. Х у ш б а х т о н а , Њуснигул Талбакова дар баробари он, ки омўзгор асту дар таълиму тарбияи љавонон сањм мегирад, инчунин модари хушбахту мењрубоне мебошад, ки ба ў фарзандони бонангу номус ато намуда, имрўз номбардораш њастанд. Ба зиндагии Њуснигул Талбакова менигараму гуфтањои Ромен Роллан ба хотир мерасад: «Хушнудии њаёт дар эљод аст. Эљод кардан маънои нест кардани маргро дорад». Кї медонад? Шояд њамин гуфтањо Њуснигул Талбаковаро во-

дар муњити маънавии мамлакат (то имрўз беш аз 20 љилди ин силсила ба дасти хонандагон расид). Барои мо хеле гуворо ва айни замон бењтарин мукофот аст, ки њар рўз теъдоди зиёди хонандагон, ањли зиё ба нашриёт занг зада, барои чопи хушсифати ин ё он китоби арзанда сипосмандї мекунанд. Ин ба мо илњом мебахшад ва моро водор мекунад, ки боз њам хубтару бештар фаъолият намоем. -Оё нашриёти “Адиб” бо соњаи маориф њамкориву њамбастагї дорад? Дар ин самт аз љониби нашриёт чї корњое сомон бахшида шудаанд? -Њамбастагї бо соњаи маориф як љанбаи муњиму асосии фаъолияти мост. Омўзгорон дар њама гуна вазъу њолат хонандаи фаъоланд, њамеша таваљљуњ ба китоб, рўи даст китоб доранд. Солњои охир роњбарони мактабњо, мудирони китобхонањои мактабї ва дигар масъулини таълимгоњњо бевосита ба нашриёт мурољиат карда, барои хонандагон даста-даста китоб харидорї мекунанд. Чопи чанде аз китобњоро мо дар заминаи хоњиш ва талаботи доираи васеи мактабиён бо наќша гирифтаву амалї намудаем ва ин корро минбаъд низ идома хоњем бахшид. Мо мунтазам ба мактабњои олї ва мактабњои тањсилоти умумї рафта, бо омўзгорону хонандагон мулоќотњо меороем, перомуни китобњои тозанашр мањфилњо ташкил менамоем ва аз ниёзмандињои хонандагон ба китобњои гуногун огањї пайдо карда, наќшаи чопи китобњоро аз љониби нашриёт такмил мебахшем. Як силсила китобњои мо барои кўдакону наврасон чоп мешаванд. Чунончи, соли сеюм аст, ки мо њикоятњои “Маснавии маънавї”, “Бўстон” ва чанд асари классикиро дар бозгўии устод Гулназар дар шакли китобчањои насрии мусаввар мунтазам ба нашр мерасонем. Ман хеле ќаноатманд аз онам, ки нашрияњои Вазорати маориф, аз љумла, њафтаномаи “Омўзгор”-у маљаллаи “Маърифати омўзгор” дар тарѓибу ташвиќи китоб фаъоланд. Тарѓибу тавзењи китоб кори хайру бошарофат ва пурманфиат аст. Таманно дорам, ки минбаъд бо дастгирии нашрияњои Вазорати маориф њамкории нашриёти “Адиб” бо таълимгоњњо ва ањли таълиму тарбия боз њам таќвияту густариш ёбад. Мусоњиб Абдурауф МУРОДЇ

дор карда бошад, ки соли 1966 баъди хатми бомуваффаќияти собиќ Университети давлатии Тољикистон ба номи В. И.Ленин (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) фаъолияти мењнатиашро дар ин боргоњи илму маърифат оѓоз намуда, зери роњбарии олимаи шинохтаи тољик, доктори илмњои филология, узви вобастаи АИ ЉТ, профессор М.Ќосимова дар мавзўи «Хусусиятњои лексикию фразеологии повести «Маъвои дил»-и Рањим Љалил» рисолаи номзадї дифоъ намуд. Њамчунин, имсол барои муаллимаи азизи мо – Њуснигул Талбакова соли махсус мебошад. Љашни 70-солагии худашон ва 65-умин солгарди таъсисёбии донишгоњи азизамон ба њамин сол рост омадааст. Мо, шогирдон, устодону њамкорон ва пайвандону наздикон, муаллимаи азизу мењрубонро ба ин ду санаи муборак табрику муборакбод намуда, барояшон саломатї, хонаободї, рўзгори тинљу осуда ва дар корњои илмию эљодиашон муваффаќиятњо орзумандем. Сирољиддини ЭМОМАЛЇ, дотсенти Донишгоњи миллии Тољикистон

Соли 1978 Вазорати мактабњои олї ва миёнаи махсуси љумњурї таъсис ёфт.


10

ОМЎЗГОР

МЕТОДИКА

№ 50, 13 декабри соли 2013

ЗАБОНОМЎЗЇ

Нутќи устоду шогирд дар дарси забони англисї

Солњои охир усулњои коммуникативї ва интерактивии таълими забонњои хориљї, аз љумла забони англисї, мавриди баррасии барномаву дастурњои таълимии мо гардидааст. Њар ду усули номбаршуда маќсади ягона доранд: фароњам овардани муњити омўзишие, ки дар он худи шогирдон њар чї бештар гап зананд. Яъне, устод бояд нутќи худро њадалимкон мањдуд намуда, бо машќу бозињои гуногун њамаи шогирдонро ба мазмуни дарс љалб намояд ва бештар њамчун назоратчї наќш бозад. Аз ин љо, ду истилоњи методикаи муосири таълими забони англисї бармеояд, яке «Лањзаи нутќи устод (ЛНУ) – Teacher talking time (TTT)» ва дигаре «Лањзаи нутќи шогирд (ЛНШ) – Student Talking Time (STT)». Лањзаи нутќи устод (ЛНУ) фосилаи ваќтест, ки устод дар љараёни дарс њарф мезанад. Тадќиќотњои методї дар кишварњое, ки забони англисиро њамчун забони дуюм ва ё хориљї меомўзанд, нишон медињанд, ки дар давоми дарс устодон нисбат ба шогирдон бештар њарф мезананд. Масалан, дар дарси анаънавии одї бештари ваќт бо саволу љавоб мегузарад, устод мепурсад ва шогирд љавоб медињад. Баъзан агар шогирд љавоби саволро надонад, худи устод дарњол љавоб медињад, яъне 60 – 70 % -и нутќи дарсї ба устод тааллуќ дорад. Устод бояд њарчї камтар гап занад, то ин ки шогирдон бештар

малакаи гуфтори худро сайќал дињанд. Методисти муосири забони англисї Љ. Оллрайт таъкид кардааст, ки «…дарси забони хориљие, ки дар он омўзгор бисёр кор мекунад (њарф мезанад), натиљабахш шуда наметавонад…». Аз як тараф ин аќида дуруст аст, чунки устод бояд шароит фароњам орад, ки шогирдон бештар гап зананд, то ѓалатњояшон барои ислоњ зоњир гарданд. Аз тарафи дигар, шогирдон устоди забони англисиро њамчун намуна (модел) ќабул мекунанд ва агар устод аз гуфтори равону форамаш худдорї намояд, пас, шогирдон ба кї таќлид карда забон омўзанд? Ин љо асос савияи дониши шогирдон ба шумор меравад, яъне агар шогирдон навомўз ва ё аз синфњои поёнї бошанд, зарурат ба мањдудияти ЛНУ нест. Дар љараёни дарси забони англисї ЛНУ чунин зинањои анъанавиро дар бар мегирад: а) Салому алейк ва њолпурсї (Good morning my dears. How are you taday?...); б) Калимаву иборањои машќи фонетикї ([w] – week = W-E-E-K, We have wedding on Wednesday this week…) в) Калимаву иборањои луѓати дарсї барои такрор (week, wedding, Wednesday…) г) Саволњо барои пурсиши вазифаи хонагї (What was your homework? Who is not ready for the homework? Is he/she right? Where did he/she make mistake?...); ѓ) Баёни мавзўи нав (Ok, our new theme is “Days of the Week” for today. There are seven days of the week in English: Sunday…); д) Шарњи шарти машќи мустањкамкунї (Good! Now I want you to list one action you do for each week days. For example: I go to school on Monday…); е) Њавасмандкунї ва дастгирї (Well done! Good boy/girl. Let’s do together…); ё) Ибораву таркибњо барои идоракунии синф (Stop talking, please. Be quite! Please go

to the blackboard…); ж) дигар воњидњои нутќ, ки њангоми дарс ифода мегарданд; Истифодаи усули истинод (elicitation) њангоми баёни мавзўи нав ва имову ишора (мимика) дар идоракунии синф барои мањдудсозии ЛНУ мусоидат мекунанд. Њангоми имконияти бештар додан ба шогирдон, онњо худро озод ва мустаќил њис намуда, нисбат ба љавоби дода ё машќи иљрокардаи худ боварї њосил менамоянд ва барои њарф задан бештар љуръат мекунанд. Лањзаи нутќи шогирд (ЛНУ) дар навбати худ фосилаи ваќтест, ки шогирд ё худ хонанда дар љараёни дарс њарф мезанад. Тадќиќотњои методї нишон медињанд, ки агар дар давоми дарс устодон нисбат ба шогирдон бештар њарф зананд, шогирдон масъулиятро њатто нисбат ба љавобдињии саволи устод гум хоњанд кард. Дар баробари ин, имконияти сайќалдињии нутќи шифоњї барбод хоњад рафт. Ба аќидаи методисти муосири забони англисї Љ.Њамер «… набояд фаромўш кард, ки шогирдон муњтољи ташакулли нутќи шифоњиянд, на устодон. Аз ин рў, устоди ѓамхор њамеша дар фикри мањдудкунии нутќи худ аст…» Дар љараёни дарси анъанавии забони англисї ЛНШ дар чунин зинањо зоњир мегардад: а) Салому алейк ва њолпурсї (Good morning dear teacher. We are fine and you? …); б) Такрори калимаву иборањои машќи фонетикї ([w] – week = W-E-E-K, We have wedding this week on Wednesday…) в) Такрори калимаву иборањои дарсї (week, wedding, Wednesday…) г) Љавобдињии вазифаи хонагї (Our homework was… May I retell the text?...); ѓ) Пурсиши нофањмоињо (What is “wedding” in Tajik/Russian? How should we do this exercise? May I read my example?…);

ТАРБИЯ

Фаъолияти њамагонї мебояд

Умуман, мо як маълумоти пурра нисбат ба њар як тарбиятгиранда дошта бошем. Тарбияи бача бисёртар ба оила вобастагї дорад. Имрўз оилањое њастанд, ки зану шавњар бо якдигар муносибати хуб надоранд, ё ин ки онњо аз њам људо шудаанд. Ба фарзандонашон муносибати дуруст карда наметавонанд. Дар ин њолат тарбияи фарзанд таѓйир меёбад. Барои њамин бачањо сангдил, дарундор мешаванд, ки ин ба тарбияи онњо бе таъсир намемонад. Ба мактаби махсус писареро оварданд. Аз чењраи писар њис карда мешуд, ки аз зиндагї розї нест, ба модараш муносибати хуб надорад. Ваќте ки аз наздик бо писар суњбат кардем, аз модараш шикоят кард, ки дар хонаи мо бо модарам занњои ношинос зиндагї мекунанд. Онњо ба корњои ношоям банд њастанд. Аз ин рў, писар намехоњад бо модараш бошад. Аз њамин сабаб, тарбия дар оила вайрон шуда, писар маљбур шудааст, ки аз хона баромада, ба корњои ношоиста даст занад.

Тарбия дар мактаб аз омўзгор ва мураббияњо низ вобастагии калон дорад. Муносибат, рафтор, суханронии омўзгор ва мураббї метавонад бачаро тарбияи хуб ё бад дињад. Пеш аз њама, омўзгор бояд равоншиноси хуб бошад, касби худ ва вазифаашро наѓз донад. Аз рўйи таљрибаи бисёрсола маълум гардид, ки тарбияи духтарон нисбат ба писарон душвортар аст. Бо духтарон кор кардан муносибату рафтори дигарро талаб мекунад. Дар тарбия бо духтарон эњтиёткор шудан лозим аст. Ваќте ки духтарон ба роњи бад мераванд, онњо ба тамоми рафторњои бад ќодир њастанд, метавонанд одамро туњмат кунанд, беобрў намоянд. Солњои пеш дар мактаби махсус як низоми сахт буд. Омўзгорон, кормандони мактаб нисбат ба тарбиятгирандагон муносибати хуб надоштанд. Бештари кормандон маълумоти олии педагогї надошта, бо тарбиягирандагон чї тавр муносибат кардан ва кор бур-

д данро намедонистанд. Аз ин љ љињат, тарбиятгирандагон м мушкилоти зиёд доштанд. Њ Њамин хел шахсияте набуд, к ба дарди онњо расад, дарки д ди онњоро дарк карда тавон над. Барои њамин маљбур м мешуданд, ки аз мактаб фир кунанд. Фирор кардани рор т тарбиятгирандагон ин кори њ њаррўзаи онњо буд. Ростї, и душвор буд. Лозим дониин стем, ки чунин ќолаби корбариро шиканем ва методу усулњоеро бояд кор кунем, ки барои пешравии кор ва таълиму тарбияи тарбиятгирандагон бењтару хубтар ва судмандтар бошад. Маъмурияти мактаби махсус бо омўзгорон роњу усулњои дигари тарбияро кор карда баромад. Ба тарбиятгирандагон шароитњо муњайё карда, ба онњо мустаќилият дод ва муносибат ба онњо дигар шуд. Аз шароити хуб истифода бурда, солњои аввал аз мактаб гурехтан зиёд шуд. Дар солњои баъдї оњиста-оњиста ин њолат кам шудан гирифт. Таваљљуњ карданд ба хондан, кўшиш мекарданд, ки рафторашонро хуб кунанд, ба хондану аз ёд кардани шеър даст заданд. Барои баланд бардоштани мафкура ва љањонбинии онњо њар сол ба љойњои таърихии шањру ноњияњо аз љониби мудирияти мактаб барои саёњат бурда мешаванд. Чунин саёњатњо низ метавонад, тарбияи кўдакро дигар

кунад. Мењри ўро нисбат ба диёр, Ватану ватандорї, хештаншиносї зиёд намояд. Аз гуфтањои тарбиятгирандагон бармеояд, ки яке аз камбудињои кори тарбияи мактабњо аз он иборат аст, ки омўзгор ба хонанда аз њад зиёд амру фармон медињад, талаб мекунад. Њамаи ин ба асаби хонанда ва падару модарон таъсири бад мерасонад. Баъзе падару модарон аз талабњои бемаънии баъзе роњбарон ва омўзгорони мактабњо монда шудаанд. Бо њамин сабаб, байни хонанда ва волидайн нофањмињо пайдо мешаванд ва хонанда маљбур мешавад, ба ягон кори ношоиста даст занад, ё ин ки мактабро партофта равад. Мафњуми «тарбия» нињоят васеъ буда, баъзан ќонунњои нонавишта дорад. Аз он даврае, ки осори хаттї пайдо гардид, дар бораи љанбањои гуногуни тарбия ишораю гуфторњои фаровонеро метавон пайдо кард ва он бо мафњуми «одоб» њамрадиф аст. Бузургони сухан онро «тољи нури илоњї», «маљмўаи њусну љамол», «камоли одамї» донистаанд. Њар падару модар ва тарбиятгар бояд ин маъниро дар насли наврас тањлил карда тавонад. Н.БОБОЕВ, директори мактаби махcуси љумњуриявї барои бачањои душвортарбия

д) Гуфтори рўзмарраи синф (Excuse me, I am sorry I am late… May I go out for a moment? Please don’t make noise, I am reading the text …); е) дигар воњидњои нутќ, ки дар дарс ифода мегарданд; Бояд ќайд кард, ки дар дарсњои анъанавии забони англисї ба шогирдон танњо 3040 %-и дарс имконияти гуфтор дода мешаваду халос. Аз ин љо, монеъањои омўзишї, аз љумла талаффузи нодуруст, љумлабандии нодуруст, шарму њарос њангоми љавобдињї, шубњанокии фикри баёнкарда ва ѓайрањо бармеояд, ки боиси ба омўзгор мутамарказонидани дарс (teacher - centered lesson) хоњанд шуд. Дарси «ба шогирд мутамарказонида» (student - centrered lesson) дарсест, ки барои фаъолнокии шогирд, алалхусус, барои васеъгардонии ЛНШ шароит фароњам меорад. Мањдудияти ЛНШ оварда ба дилгиркунандагии дарс ва шавќунии зиёдатї њангоми дарс мерасонад. Ташкили машќу бозињои љуфтї, гурўњї ва њатто наќшбозии устод аз тарафи шогирдон роњњои њавасмандкунию љалбкунии шогирдон ба дарс ва албатта, яке аз усулњои васеъгардонии ЛНШ ба шумор мераванд. Барои тањќиќи ЛНУ ва ё ЛНШ аввал дарси гузаронидаро ба навор мегиранд ва баъд онро тамошо карда, суханронии омўзгор ва шогирдро бо даќиќаву сония чен мекунанд. Имрўз, ки базаи моддиву техникии муассисањои таълимї рў ба бењбудї меорад ва аз њар як омўзгор истифодаи роњу усулњои муосири таълим, аз љумла методњои коммуникативї, интерактивї ва дарси «ба шогирд мутамарказонида» талаб карда мешавад, мањдудкунии ЛНУ ва васеъгардонидани ЛНШ набояд сарфи назари устоди эљодкор бошад. Мирљумъа ЌУЗИЕВ, омўзгори забони англисии мактаби байналмилалии Президентї

МУАРРИФЇ

Рўнамоии ду китоби як адиб

Шоири шинохта, мудири бахши адабиёти кўдакону наврасони Иттифоќи нависандагони Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї Љўра Њошимї атрофи фаъолияти эљодї, њусну ќубњи ашъори шоир сухан гуфт. Сардори раёсати фарњанги Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон Абдулмаљид Боймуродов ќайд намуд, ки Вазорати фарњанг дар њамкорї бо Вазорати маориф ва илми Тољикистон бањри тарѓиби китоб њамкории пайваста дорад. Аз љумла, тавассути нашриёти «Маориф ва фарњанг» - и Вазорати маориф ва илм дар чопи китобњои дарсї ва бадеї барои наврасону љавонон сањми шоиста дорад. Адибон Назокати Олим, Маљид Салим, Салоњиддини Садриддин, Рањим Амини Ќубодиёнї, Бурњон Салмон, Ќиёмиддин Сатторї андешањои худро аз хусуси шеъри М. Собир ва махсусан, китобњои тозанашри ў баён намуданд. Шогирдони мактабњои раќамњои 15 ва 55- и шањри Душанбе аз эљодиёти М. Собир шеърњо ќироат карданд.

Соли 1978 Вазорати мактабњои олї ва миёнаи махсуси љумњурї таъсис ёфт.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»


ОМЎЗГОР

ФИЗИКА ТАЉРИБА

№ 50, 13 декабри соли 2013

додани наќшаи кории лабораторияи физика ва наќшаи мањфил и физика душворї мекашанд. Бинобар ин, як намунаи 1. Омўхтани ќонунњои лаппи- наќшаи кории лабораторияи фиши раќќосаки математикї. зика ва наќшаи мањфили физика2. Мушоњидаи селњои конве- ро пешкаши муаллимони љавон ксионї. менамоям. 3. Амали манбаи љараён...

Илмат ба амал чу ёр гардад…

Бачањо ба омўзиши фанни физика шавќи калон доранд. Ин шавќу њаваси онњоро мунтазам инкишоф додан зарур аст. Физика яке аз фанњои муњимтарин оид ба табиат, материя ва њаракати он мебошад. Ин фан тањкурсии техникаи њозира буда, бо ихтироъњои худ барои тараќќии минбаъдаи техника мадад мерасонад. Дар мактаб тавассути корњои лабораторї талабагон ќонунњои физикавиро аз худ мекунанд, маънои ин ќонунњоро мефањманд, донишњояшонро ба воситаи таљриба мустањкам намуда, малакањои зарурї пайдо мекунанд. Якчанд мисол меорем, ки онњо барои гузаронидани корњои лабораторї то чї андоза зарур мебошанд. Масалан, ќонуни Омро дар синфњои VIII ва XI меомўзанд. Агар талабагон дар таљриба вобастагии байни бузургињои асосии электрикиро (ќувваи љараён, муќовимати занљир, шиддати нўгњои занљир) муќаррар карда натавонанд, он гоњ гумон аст, ки онњо ин ќонунро аз худ карда тавонанд. Ё худ, талабагон ченкуниро бо штангенсиркул ва микрометр бояд мустаќилона бояд иљро кунанд ва барои техникаи ченкуниро наѓз аз худ кардан онро якчанд маротиба такрор намоянд, хеле наѓз мешавад, агар машѓулиятњои лабораторї мунтазам гузаронида шаванд. Њангоми гузаронидани њар як таљриба талабагон бояд, пеш аз њама маќсади онро фањманд, ки дар таљрибаи мазкур чиро мушоњида бояд намояд. Талабагон барои ба мувафаќќият гузаронидани корњои лабораторї бояд бо сохти асбоб, бо ќоидањои санљидани онњо ва бо гирифтани нишондињандањои онњо шинос бошанд. Дар ваќти чен кардани бузургињои физикавї ба талабагон фањмонидан зарур аст, ки тамоми натиљањои ченкунї таќрибї мебошанд. Баробари ин, онњо бояд њангоми ченкунињо хатоњои абсолютї ва нисбиро њисоб карда тавонанд. Корњои лабораторї ва корњои амалии физикаро бо корњои амалии электротехника (дар синфи Х) алоќаманд гузаронидан зарур аст. Масалан: Приёмникњои детекторї ва лампавиро дар дарсњои физика меомўзанд, вале корњои амалиро аз ин мавзўъ вобаста бо корњои амалї аз электротехника ва дигарњо мегузаронанд. Чунин алоќамандї, чи тавре ки њаёт нишон медињад, натиљаи хуб дод. Аз дарсњои гузашта мисол меорем. Масалан: 1) Муайян кардани коэффитсиенти таъсири фоиданоки механизм. 2) Муайян кардани кашиши сатњии моеъ. 3) Санљиши Ќонуни БойлМариотти. 4) Санљиши муодилаи њолати газ. Њамаи ин корњоро дар охири сол (хусусан, дар чоряки чорум) њангоми такрор намудани материали соли хониш гузаронидан

зарур аст. Дар тањти назорати ман њамаи талабагон ду нафарї шуда, дар њуљраи (кабинети) лабораторї машѓулият мегузаронанд. Ман ба талабагон расмњои схематикї, наќшањоро нишон дода, ба онњо супоришњои гуногун низ медињам. Талабагони синфи XI њангоми гузаронидани машѓулияти лабораторї натиљањои машѓулиятро ба дафтарњояшон навишта мегиранд ва аз рўи он дар охири кор њисоботи хаттї менависанд. Дар њисоботи талабагон расмњои схематикии асбобњо ва наќшањо, натиљањои ченкунї ва тамоми њисобкунињоро дидан мумкин аст. Аксарияти муаллимони физика аз сабаби дар кабинети физика набудани таљњизоти мувофиќ, яъне асбобњои даркорї, корњои лабораториро намегузаронанд. Вале бояд кўшиш намоянд, ки бо ќувваи худ ин асбобњоро сохта корро давом дињанд. Ман корњои лабораториро дар синфњои VII-X аксаран ба таври фронталї мегузаронам. Ин усул, пеш аз њама, имкон медињад, ки машѓулиятњои лабораторї бо курси физикаи омўхташаванда алоќаманд намоем. Талабагон дар ваќти гузаронидани корњои лаборатории фронталї мањорат ва малакањои дуруст истифода бурдани асбобњои оддитаринро (ченкунанда, зарфњои химиявї, манбаъњои гармї, термометрњо) ва дигар асбобњои одиро, ки дар њаёт ва техника ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, пайдо мекунанд. Барои гузаронидани корњои лаборатории фронталї танњо асбобњои оддии таълимиро интихоб мекунанд. Вале малакањои амалие, ки дар љараёни бо ин асбобњо кор кардан њосил карда мешаванд, малакањои ибтидоїэлементарї њисоб меёбанд. Корњои лабораторї дар синфњои VII-VIII хеле оддї мебошанд. Барои он ки дар ваќти иљро намудани корњои лабораторї душворињо пеш наоянд, ман асбобњои физикавиро дар як ќуттї љой додам, ки ба он инњо дохил мешаванд: манбаи љараён, лампочка, занги электрикї, моторча, тугмача ва сими пайвасткунанда. Бо ёрии ин асбобњо тамоми корњои синфи VIII-ро, ки дар барнома оварда шудааст ва њатто баъзе корњои синфи XI-ро низ иљро кардан мумкин аст. Дар лањзаи иљрои амал муаллим мунтазам ба рафти кори њар як гурўњи талабагон назорат мекунад, агар лозим шавад, ба онњо (ба саволњои ёридињанда) ёрї мерасонад ва ба талабагони суст диќќати махсус медињад. Дар охири кор њамаи хулосањо ва натиљањои њосилшударо ањлона муњокима мекунанд. Њар як муаллими физика бояд, кўшиш кунад, ки талабагон бо асбобњои ченкунанда мустаќилона кор карда, мањорат ва малакањои амалї њосил кунанд. Дастгоњњои мураккабро васл карда, бо онњо мустаќилона таљрибањо гузаронида тавонанд ва аз адабиёти мувофиќ истифода баранд. Вазифаи асосии муаллими физика ин аст, ки корњои лабораториро пурра гузаронанд. Агар бо ягон сабаб иљро кардани кори лабораторї мумкин нашавад, он гоњ як ќисми корро барои иљро кардан дар хона супоридан мумкин аст. Талабагон онро мета-

вонанд бо асбобњои рўзѓор иљро кунанд. Ман дар таљрибаи худ боварї њосил кардам, ки корњои лаборатории дар хона иљрошуда

11

1.Наќшаи кории лабораторияи физика

2.НАЌШАИ КОРИИ КРУЖОКИ ФИЗИКА Роњбари мањфил Юсуф Аминов Мањфили физика хонандагони синфњои VII-XI-ро дар бар мегирад. Машѓулиятњо барои онњо мувофиќи синну сол ва сатњи донишашон муайян карда мешаванд. I. Ќисми якум. Хонандагони синфњои болої мутолиа ва чуќуртар омўхтани баъзе бобњои физика ва бо навиштани маърўзањо машѓул мебошанд. II. Ќисми дуюм. Хонандагони синфњои поёнї бо сохтани баъзе асбобњои айёнї машѓул мебошанд. Натиљаи корњои онњо њар моњ санљида мешавад.

Дар бисёр мактабњои натиљањои хуб медињанд. Масалан, талабагони синфњои ноњияамон ва дигар ноњияњо VIII-XI дар хонаашон корњои зе- мушоњида кардам, ки муаллимони љавони физика барои тартиб ринро иљро карданд:

Юсуф АМИНОВ, омўзгори физикаи мактаби раќами 10-и шањри Вањдат

Соли 1984 дар мактаби тањсилоти умумї низоми нав љорї гардид (ибтидої-1-4, нопурра-5-9, миёна-10-11).

2.Н


12

ОМЎЗГОР

НИГАРОНЇ

№ 50, 13 декабри соли 2013

МУШКИЛОТ

Сесанга: мушкилот рафъ мегардад?

маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Роѓун дар мавриди лаѓжиши замини Сесанга манзили зисти худро тарк накардаанд. Маќомот бинобар хатари кўчиши замини дења на мактаб сохтанианд ва на роњу пайрањањои онро ба тартиб меоранд. Дар дасти мо як нусха аз натиљаи тањќиќи муњандисию геологие њам Боздиди мо њамроњи директо- њаст, ки ба вазъияти дењаи мазкур ри мактаби раќами 3 Анвар Алиев, Экспедитсияи гидрогеологии Љануби љонишини мудири шуъбаи маорифи шањри Роѓун Саъдулло Њабибуллоев аз мактаби раќами 11-и дењаи Сесанга оѓоз шуд. Мактаби мазкур 60 нафар хонанда дорад ва онњо дар ду вагонхона ба таври комплектї дарс мехонанд. Бо вуљуди сардии њаво печи синфхонае, ки муаллим Давлатёр Исоев дар он дарс мегузашт, гармї надошт. Дар синфхонаи дуюми ин мактаб хонандагони нисбатан хурдсол дарс мехонданд. Маълум буд, ки дар бухории он синфхона њафтаву моњњо оташ нагиронда буданд. Дар пањлўи вагонсинфхона бошад, захираи ангишт њам буду њезум њам. Моњияти сарфакории муаллим Исоевро ба ростї нафањмидам. Давомоти хонандагони хуб буд. Омўзгорони ботаљриба барои саводнок кардани шогирдон њама Тољикистон њанўз 17 марти соли кўшишро доранд, инро аз њусни хату 2005 бо хоњиши маќомоти иљроияи тозагии воситањои таълими хонанда- шањри Роѓун хулосаашро додааст гон мушоњида кардан мумкин буд. ва Вазорати њолатњои фавќулодда Зимни суњбат маълумамон шуд, ва мудофиаи шањрвандии Љумњурии ки мактаби ибтидоии дењаи Сесанга Тољикистон њам, аз шароити он дења филиали мактаби тањсилоти миёнаи огоњанд. умумии раќами 3-и маркази шањраки -Вазъи дењаи Сесанга ва хонаву Обигарм буда, хонандагони синфњои дари 36 оилаи он, инчунин биноњои 5-11-и ин дења тањсилро баъди мак- 56 бўстонсарои ќисмати ѓарбии таби ибтидої дар он љо идома ме- дењаи Сесанга аз соли 1981 то ба њол додаанд. Ањолии ин дења, бо вуљуди зери назорати Экспедитсияи гидроогоњии сарварони ќаблию имрўзии геологии љанубии геологияи тољик

аст. Ањолии дењаи Сесанга ќаблан аз маркази шањраки Обигарм ва дењоти гирду атроф бо манзили зист таъмин шуда буданд, вале онњо аз Сесанга рафтанї нестанд ва бо ин сабаб дар ин самт мушкилот эљод шудааст. Бояд мардум тибќи ташхиси њайати санљишї хона насозанд, чунки хоку гили ин мањал барои сохтмони хонањои истиќоматї хатарнок аст, гуфт дар суњбат бо мо раиси шањри

Роѓун Шарифбой Шарифов. -Агар мањал барои зиндагии ањолї хатар дошта бошад, пас мо чаро дидаву дониста мактаб созем? Чанде пеш, мо, њамин масъаларо дар маљлиси ањли дењаи Сесанга љиддї муњокима њам кардем. Њанўз соли 2005 геологњо аз мањалли хатарзои Сесанга кўчонидани 17 оиларо љиддї талаб карда буданд. Санад њаст, агар мо дидаву дониста муќобили он санад амал намоем,пас он маънои хилофи ќонун амал кардани моро нишон медињад.

36,4 млрд. тенге барои соњаи маориф Барои соли 2013 барои маблаѓгузории соњаи маорифи Ќазоќистон 36,4 млрд тенге (5,615 млрд доллари амрикої) људо карда шудааст. Дар ин бора сомонаи иттилоотии ca-news.org хабар медињад. Дар чањорчўбаи барномаи «Балапан», ки аз љониби президенти Ќазоќистон роњандозї шудааст, дар се соли ахир теъдоди тифлаконе, ки ба кўдакистонњо фаро гирифта шудаанд, ба андозаи назаррас яъне, аз 52% то 89 % (аз 14205 ба 22154 кўдак) афзудааст. Теъдоди муассиањои тањсилоти томактабї аз 354 то 581 (61%) зиёд шу-

дааст ва 8699 љойи нав барои таълимгирандагони ин навъ муассисањо боз шудаанд. Ин тарзи кор зиёдшавии теъдоди тарбиятгирандагонро то ба 37% расондааст. Дар сомонаи фавќуззикр, инчунин, омадааст, ки дар Ќазоќистон 7 њазор кўдакистон кушода шуда, 2 бинои азхудшуда ба муассисњои томактабї баргардонда, 5 бино бозсозї шудааст. Имсол дар назар аст, ки боз 5 муассисаи томактабї созмон дода шавад. Пешбинї шудааст, ки то соли 2015-ум 100 дарсади кўдакони синни 3 то 6 ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Мактабњои нодори Мексика

Дењаи Паси Муњрањо

Мактаби ибтидоии Паси Муњрањо, ки иборат аз як вагончаи худсохт аст, њамагї 27 хонанда дорад. Њамроњи мудири шуъбаи маорифи шањри Роѓун Табаралї Раљабов ягона синфхонаи мактаби ибтидоии раќами 15-ро дар дењаи Паси Муњрањо дидем. Муаллима Гулъузор Њакимова дар басти дуюм бо шогирдони синфњои 2 ва 4 машѓулият мегузаронд. Мактаб,ки дар пањлўи шањр воќеъ аст, бо барќи доимї таъмин аст ва синфхонањо гарм ва барои машѓулият гузаронидан мусоид мебошанд. -Ањолии дењаи Паси Муњрањо бояд кўчонда шаванд. Ба ањолии ин дења њам кайњо маќомоти иљроияи њокимияти мањаллии давлатии шањр аз хонањои баландошёнаи шањр ва аз Майдони болову дењаи Печакзор хонаву замин њам додаанд, -шарњ дод мудири шуъбаи маориф. Ин дењаро асосан Дирексияи сохтмони муассисањои зериобмонии НБО-и Роѓун, ки њоло сохтмони мактаби раќами 2-ро ба уњда дорад, мебоист соли 1982 мекўчонд. -Ин љо њам, вазъияти дењаи Се-

санга, ки дар боло тафсилоташро овардем, такрор шудааст.Хона гирифтаанд, замин гирифтаанд, боз мардумонашон «ѓами чорво» мехўранд. Бинобар ин, ба њељ ваљњ дар дењаи Паси Муњрањо сохтмони мактабро ба наќша гирифтану бу-

људо шудааст ва рафти сохтмонаш дар ављ аст. Хулоса, ба рафти сохтмони мактаби раќами 2 дар њамроњї бо мудири шуъбаи маориф пешакї шинос шуда будем.Њамин тавр, он чї ки ањолии дењањои Сесанга ва

нёд намудан зарурат надорад. Мактаби калони раќами 2-ро барои 1276 нафар хонанда сохта истодаем ва дар соли тањсили 2014-2015 хонандагони мактаби ибтидоии раќами 15-и дењаи Паси Муњрањоро ба ин мактаб сафарбар карданием, илова намуд раиси шањри Роѓун Шарифбой Шарифов. Як ќисмати бинои таълимии мактаби мазкур то моњи сентябри соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Ба ин маќсад маблаѓ

Паси Муњрањо аз набудани мактаби замонавї гиламанданд, асоси воќеї надорад. Њар дуи ин дења њам, дар мавзеи хатарнок мавќеият доранд ва дењаи Паси Муњрањо баробари хатарзо буданаш, дар мобайни мошинолоти (промбазаи) НБО-и Роѓун мондааст.Зарур будани бунёди НБО-и Роѓун ба њамаамон маълум аст. С.ИСКАНДАРОВ, «Омўзгор»

Чанде пеш дар Мексика ислоњоти соњаи маориф бо иќдоми президенти кишвари мазкур Энрике Пена Нето ба роњ монда шудааст, ки ба бењсозии ањволи нодортарин ќишри љомеа дар низоми таълим нигаронида шудааст. Дар ин бора сомонаи terraoko.com иттилоъ медињанд. То њол мушкили ин кишвар аз он иборат аст, ки аксарият аз тањсил дур мондаву комилан савод надоранд. Дар макотиби манотиќи дурдасти кишвар на таљњизоти таълимї ва на обу ќувваи барќ муњайё нест. Роњ ба сўйи мактаб ба андозае хароб аст, ки ба манзил расидан кори басе зањматталаб аст. Яке аз вазифањои ислоњот муайян кардани шумораи мактабњо, муаллимон ва толибилмони кишвар будааст. Устодон барои соњиби љойи кор шудан њатман бояд аз санљиши тестї гузаранд. Президент Пена Нето гуфтааст: «Ояндаи Мексика аз ислоњоти соњаи маориф љиддан вобаста аст, зеро баъзе мактабњои кишварамон оддитарин шароити таълимро надоранд». Аксари муассисањои таълимии рустоњои кишвари фавќуззикр, аз љумла Коста дар иёлати Оахака, бо мадади молии худи волидони мактаббачањо сохта шудаанд. Дар баъзе минтаќањои давлат кўдакони синни гуногун ба таври комплексї таълим мебинанд. Аксари тифлакон то мактаб чандин километр роњро тай мекунанд. Бештари муассисањои тадњсилотї пурра бо мадади ташкилоти хайриявии хориљї фаъолият мекунанд. Њатто, он мактабњое, ки гўё барќ ба он љойњо интиќол дода шудааст, тез-тез аз набудани њамон барќ азият мекашанд. Њамагї 50 дарсади кўдакони то синни 15 пурра аз тањсилоти томактабї бархўрдоранд. Президент Пена Нето мехоњад, ки бо ислоњоти соњаи маориф дар макотиби Мексика адами барќ набошад ва синфхонањо дастрасї ба шабакаи љањонии интернет дошта бошанд. Тањияи Ситорабону НАЗАРОВА, «Омўзгор»

Аз соли 1984 њар сол 1 сентябр «Рўзи дониш» эълон карда шуд.


ОМЎЗГОР

ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ

№ 50, 13 декабри соли 2013

ИБРАТ

Њунар – чашмаи зоянда ва поянда

13

Маорифи Шарќ

Суханоне чанд дар бораи устодони њунарњои мардумии литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан Тавлиди њунари кошинкорї – фоли нек

Аввалњои моњи октябр директори литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан Нуриддин Тўйчиев мењмони њафтаномаи «Омўзгор» гардид ва баъд аз њолу ањволпурсї мужда расонд, ки устодону шогирдони њунаристони онњо ба тавлиду истењсоли мањсулоти кошинкорї муваффаќона шуруъ карданд ва ин падидаи фарањбахш на танњо дар шањри Истаравшан, балки вилояти Суѓд мавриди таваљљуњи масъулони соњаи маориф ќарор гирифт. Ба иттилои сарвари литсей нахустин ихтироъ аз љониби устоди таълимии гурўњи кошинкории ин боргоњи њунар Абдулло Љумъабоев бо њамроњии шогирдонаш сурат гирифт. Кошинкорї, яъне чї? Њанўз соли 1989 усто ва омўзгор А.Љумъабоев дар заминаи омўзиш ва таљрибањои амалї аз пайи кашфи маводи махлути хоме гардид, ки аз он ранги асили ороишии рўи хиштњои манору гунбадњои шањри Самарќанд, мадрасањои Бухоро, маќбарањои Гунбади Сабзи Истаравшан, Муњаммад Башорои шањри Панљакент ва дигар шањрњои ќадимаи Осиёи Марказї њосил карда шудаанд. Ва омўзгори зањматкашу љўё тўли 30 соли фаъолияти худ асрори ранги мазкурро дарёфтаст. Аммо ин њунар танњо бо ранг мањдуд нашуда, љузъиёти нозуку фаровони дигари худро дорад. Гили махсус бо роњи коркард дар танўрњои кошинпазї гудохта шуда, аз он бо истифода аз наќшу нигор, ки бо санъату мањорати баланду воло тарњрезї мешаванд, кошињо омода ва тайёр мегарданд. Тибќи маълумоти сарвари литсей алњол дар ихтиёри устодону шогирдон ду танўри калони кошинпазї ва як бухории барќї ќарор дорад. Аз рўи ихтисоси кошинкорї тањти рањбарии усто А.Љумъабоев 10 нафар таълим гирифта истодаанд. Барои минбаъд, вобаста ба талаботи бозор ва зарурияти фармоиши фармоишгарон мањсулоти кошинкориро метавон афзун намуд. Шогирдони литсей метавонанд дар як шабонарўз таќрибан њазор адад кошинњои хушсифатро истењсол кунанд. Зимни сафари худ ба шањри Истаравшан, њангоми маросими ифтитоњи наќби Шањристон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз пешравию рушди соњаи маориф, хусусан, дастоварду комёбињои литсейи номбурда хушњол гардида, бо намунањои њунари кошинкории шогирдони ин муассисаи таълимї шинос шуда, ба рањбарияти шањр супориш дод, ки бањри сохтани санљишгоњи хиштњои ороишии кошинкорї шароити лозимиро муњайё созанд. Њамчунин сарвари давлат хоњишу дархости њайати устодону омўзгорони литсейро дар хусуси боз намудани коргоњи истењсоли кошин ва ихтисоси кошинкорї дастгирї намуда, бањри роњандозии ин ташаббусу иќдоми мудирияти њунаристони мазкур масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓдро вазифадор кард, ки маъмурияти њунаристонро дастгирии њамаљониба намоянд. Ва хушбахтона, иќдому ибтикори устодону шогирдон дастгирї ёфт ва истењсоли маводи кошинкорї ба таври васеъ ба роњ монда шуд.

Таърихча (андар баёни марњалањои рушди литсей)

Литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан соли 1948 ташкил ёфтааст. То соли 1955 мактаби аграрии 3-сола, аз соли 1955 то соли 1960 омўзишгоњи механизатсияи хољагии ќишлоќ ва аз 6 январи соли 1960 омўзишгоњи касбїтехникии №14 мебошад. Соли 1994 ба омўзишгоњ номи сарвар ва муассиси он Тољї Љумъаев дода шуд. Дар давоми фа-

Илмро бо маориф пайванд мекунанд

ъолияти зиёда аз 60-солаи мављудияташ литсей зиёда аз 23 њазор коргарљавонон ва њунармандонро тарбия намуда, касбу њунар омўзонида ба шоњроњи њаёт ва иќтисодиёт баровардааст, ки онњо дар тараќќиёти хољагии халќи љумњурию вилоят сањми босазо мегузоранд. Литсей бо воситањои зарурии таълимї, заминаи моддї-техникї, устохонаю дастгоњњои истењсолї таъмин аст. Дар литсей 405 нафар њунаромўз аз рўи 15 ихтисос ба тањсил фаро гирифта шудаанд, ки инњо кафшергари барќї ва газї, сантехник, бофанда, андовачї-гилкор, рассом-ороишгар, ронанда, муњосиб бо донишњои компютерї, системаи компютерї ва интернет-технолог, дўзанда, фермер-соњибкор, кошинкорї, дуредгар, гаљкор-ороишгар, кандакории чўб ва дуредгарї, устоди асбобњои барќї, барќчї ба шумор мераванд. Дар тадрис ва омўзиши љузъиёту нозукињои њунару ихтисосњои мардумї омўзгорону устодон Ќурбон Мазбутов, Неъмат Ањроров, Насиба Искандарова, Рустам Почоев, Абдулло Љумъабоев ва дигарон нерую ѓайрати зиёд нишон медињанд. Тањти рањбарии муаллима Насиба Искандарова духтарон аз гурўњи дўзандагї гулдўзї ва офаридани наќшњои ќадимиро дар либосњои гуногун хеле моњирона анљом медињанд. Сўзаниву наќшњои ќадимиро њамчун намуна истифода бурда, он њама наќшњову гулдўзињоро шогирдон дар намудњои гуногуни куртаву пироњанњои муосиру љадиди занона дўхта, анъанаи ниёгонро барќарор ва эњё менамоянд. Барои тарњрезї ва наќшдўзињо дар пироњан ва рўймолу сачоќњо аз рангњои махсусе корбурд мешаванд, ки бо љилову тобиши чашмгири худ ба маводи тайёршуда њусни дигаре ато мекунанд. Тавсиаю густариши њунари кандакорї низ дар литсей самарабахш ба роњ монда шудааст. Устои њунарманду варзида Ќурбон Мазбутов бо 15 нафар шогирди чирадасти хеш дар кандани наќшу нигор дар сутуни айвонњо ва дару тирезањо саъйи беандоза ва мањорати бузурге нишон медињанд. Ба маврид аст, зикр намоем, ки соли 2011 дар озмуни љумњуриявии кандакор иштирок намуда, усто Ќ.Мазбутов соњиби маќоми аввал ва мукофотњои хотиравї гардид. Санъати наќќошї дар литсей маќоми арзандаеро доро мебошад. Омўзгор, наќќоши асил Неъмат Ањроров, ки

собиќаи 30-солаи корї дорад, устоди ин пешаи зањматталаб мањсуб меёбад. Дар ташвиќу тарѓиб ва муаррифии њунарњои бадеии мардумї, осорхонаи литсей наќши муњим мебозад. Бо ташаббусу иќдоми муаллима Фароѓат Њайдарова дар осорхона машѓулиятњои пурмуњтавои тарбиявї гузаронида мешаванд. Хонандагони литсей аз офаридањои мардумї маводи бешуморе љамъ овардаанд.

Туро пурсанд, ки амалат чист?

Мудирияти литсейи касбї-техникї бањри дар амал татбиќ намудани донишњои назариявии толибилмону њунаромўзон бо ширкату фирмањо ва корхонањои тавлидотї робитањои мустањками корї дорад. Аз љумла, оид ба омўзиши касбї бо ЉС «Файз»-и фабрикаи нассољї, ЉС «Дилшод», ЉС «Дўстї», ЉШ «Кова», ЉС «Ноњид», ЉС муассисаи наќлиётии №35, ЉС «Шараф», корхонаи таъмири ёдгорињои таърихї, шуѓли ањолии шањри Истаравшан, телевизиони «Афшин» ва дигар корхонаю ташкилотњо алоќањои таълимию истењсолї дорад. - Наќшањои зиёде дорем мо, - меафзояд Н.Тўйчиев. Гўшаи фурўши маснуоти истењсолкардаи шогирдон созмон дода шудааст, ки њам мавриди тамошо гардидаасту њам харидории муштариён аз ин њама молу коло. Њуљрањои махсуси истењсоли маснуоти дуредгарї, кордсозї ва кандакорї ташкил карда хоњанд шуд. Сохтани олоти кишоварзї, бухорињои барќї аз љониби кафшергарон низ ба раванди љадиде мубаддал гардидааст. Аллакай аз љониби чандин корхонаву ташкилотњо дар мавриди истењсоли кошинњои миллии тољикї фармоишњо гирифтаем ва умед дорем, ки дар оянда низ талабгорони мањсулоти кошинкорї натанњо дар љумњурї, балки берун аз он низ афзоиш меёбад. Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

Р.S.

Дар рўи кошини нахустин таљассум ёфтани акси Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон басо рамзист. Атрофи акси Сарвари давлатро нишони ќадимаи ориёњо зеб медињад ва нишони мазкурро тамошобинон дар кошини иморатњои ќадимаи тољикон, яъне, ансамбли ёдгорињои таърихї борњо дидаанд.

Аз 166 лоињае, ки давоми зиёда аз як моњ ба барномаи давлатии «Дастгирии ташаббусњои љамъиятї»-и аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Озарбойљон эълоншуда пешнињод гардидааст, 32-тояш ба ташаббусњои илмїтањќиќотї оид аст. Ин баёнгари он аст, ки ба масъалаи илму тањќиќот ва навоварї таваљљўњ бештар шудааст. Вазири маориф М.Љабборов зимни суханрониаш дар Шўрои маориф аз он изњори таассуф кард, ки дар љумњурї муњлати соли тањсил кам аст. Дар ин љо њафтаи тањсил 32 њафта давом мекунад, дар њоле, ки аз рўи нишондодњои мамлакатњои рушдёфта тањсил бояд 38 њафта идома кунад. Дар мамлакат њарчанд сохторњои илму маориф мустаќилона фаъолият мекунанд, алоќаашон наздик аст. Яке аз њадафњои асосии ислоњоти маориф дар соњаи тањсилоти олї баробари тайёр кардани кадрњои баландихтисос мустањкам кардани нерўи илмию техникии мамлакат мебошад. Дастовардњои илмию техникї аз фаъолияти 20 мактаби олї вобастагии комил дорад. Корњои илмї-тањќиќотї дар кафедрањо ва институтњои тањќиќотии донишгоњњо хуб ба роњ монда шудаанд. Дар мактабњои олии мамлакат 3 институти илмї-тањќиќотї, 5 маркази илмї ва 90 озмоишгоњ фаъолият доранд, харољоти онњоро давлат ба зимма гирифтааст. Таъминоти иттилоотии онњо аз тарафи китобхонањои электронї ва марказњои иттилоотї анљом меёбанд. Донишгоњњои бонуфуз дорои шуъбањои банаќшагирии фаъолияти илмїтехникї, патентїиљозатномадињї ва марказњои иттилоотї мебошанд. Таъминоти моддї ба ѓайр аз тарафи давлат тавассути дигар сарчашмањо, чун шартномањои њисоби хољагї, грантњо, фондњо анљом мепазиранд. Ваќтњои охир тањќиќотњои хусусияти

Аз соли тањсили 1986-1987 ќабули хонандагон аз 6-солагї муќаррар гардид.

амалї дошта љойи асосиро ишѓол мекунанд. Дар натиља устодону донишљўёни ихтироъкору навовар соли 1998- 12, 2001-35, 2004-51, 2007-69 ва 2008 44 патент ба даст оварданд. Бо вуљуди он ки масъалањои норавшан оид ба муносибати тањќиќот ва истењсолот њоло њам љой доранд, алоќаи байни муассисањои таълимї ва истењсолот торафт наздик ва манфиатовар шудааст. Дар шаш соли охир шумораи маќолањои дар маљаллањои илмии байналмилалї чоп кардаи устодони мактабњои олї 2,5 баробар афзуд. 31 фоизи тамоми кадрњои илмї ва 50 дарсади докторон ва номзадњои илми мамлакат дар системаи маориф кор мекунанд. Љалби донишљўён ба кори илмї тавассути љамъиятњои илмї ва маќомоте, ки фаъолияти онњоро мутобиќ мегардонад-Шўрои љумњуриявии илмїтањќиќотї ва корњои эљодии донишљўён, ки дар њар мактаби олї њаст, анљом дода мешавад. Олимпиадаи фаннии донишљўён дар ин бобат наќши намоён мебозад. Ба чор фанни асосї (математика, физика, химия ва информатика), ки аз онњо дар олимпиада санљиш гирифта мешавад, аз соли 2003 забони озарбойљонї, таърихи мамлакат ва забонњои хориљї (англисї, фаронсавї, олмонї), аз соли 2004 љуѓрофияи Озарбойљон, аз соли 2009 забони русї илова шуданд. Бояд гуфт, ки солњои охир ба кори олимпиадањои донишљўён Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф низ љалб гардид. Бояд гуфт, ки дар як мактаби олї (Донишгоњи давлатии Боку) докторантура, 18 донишгоњ аспирантура ва дар чор мактаби олї ассистентура-такмили ихтисос ташкил карда шудааст. Тањияи Мањмадшарифи РУСТАМ, «Омўзгор»


14

ОМЎЗГОР

ГУЛБОЃИ АДАБ

№ 50, 13 декабри соли 2013

ТАЌРИЗ

Мањфиле

назар афкандан аст. Дар нахустсафњањои китоб соњибќалам менависад: «Њадафи банда аз нигориши ин хотирот њофизаи таърихии гузаштаи на чандон дурро нигоњ доштан ва аз ин таърихча оина сохта, дар рў ба рўйи насли ѓофилу худбохтаи имрўз гузоштан буд, ки дар ин оина чењрањои бо нуру илоњї зинатёфтаи ниёкони худро, андаке њам бошад, бубинанд, бо худ ва дигар пањлўнишастагонашон ќиёс бикунанд…» Худ рисолати оливу азалии адабиёти асил њикмат омўзондан, одамонро ба љодањои ростин њидоят кардан ва њушдор додан аст, ки «Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор, Низ н-омўзад зи њељ омўзгор». Нависандаи «Тўшаи умри падар» нигаронї

ќадар самимї беолоиш ва табиї аст дидору суњбати кўњнишинон!» Ва китоби «Тўшаи умри падар» дар маљмўъ мањфили гарму гуворо ва андарзбору маърифатрезеро мемонад бо ин кўњдилони кўњнишин. Ба шарофати ин мањфил хонанда дар баробари панду њикмат андўхтану љањони маънавии хешро ѓановат бахшидан бо бисёр расму оин, анъана ва маъракањои мардуми покизанињоди кўњистон ошно мешавад ва мамнуну мафтун мегардад. Дар китоби «Тўшаи умри падар» ситоиши китоб (ба василаи образи Бобо) ва ситоиши модар (њамбаста бо образи модари муаллиф) мавќеи шоиста пайдо кардаву ањамияти асарро ба маротиб афзудааст.

даќиќу ќотеъу њадафманд аз њастии пурифтихор, аз забону фарњангу адаби дерину ѓаниву бегазанди халќи тољик паёмрасон ба љањониён гашт. Китобњои дигари М.Шукурзода низ («Љонпайванд», «Њамосаи родмардони Хуросон», «Азамати кўњистон», «Размоварони Њиндукуш» бисёр навоваронаву таваљљуњбарангезанд, сухани тозаву муњиманд дар адабиёти тољик. Ва аммо њадаф аз ин маќола ибрози сухане чанд перомуни китоби тозаи ин адиби соњибмањорат - «Тўшаи умри падар» аст, ки соли равон тавассути нашриёти «Адиб» ба чоп расид. Ин китоб аслан асари ёддоштист ва дар заминаи њаводиси овони кўдакию љавонї ва дидаву шунидањои муаалиф навишта шудааст. Ёддоштнависї дар адабиёт равияи маъмул аст ва хонандагони тољик асарњои зиёди ёддоштиро рўи даст доранд. Аммо М.Шукурзода ба анъанаву хусусиёти эљодии хеш содиќ монда, дар њамин равияи маъмул низ тозакорї кардааст ва китоби ёддоштњояшро ба сабку услуби навин ва шеваи навишти вижа офаридааст. Муаллиф њикмати зиндагї ва сабаќи гузашти айёмро њини нигориши ёддоштњояш дар мадди аввал гузоштааст ва риштаи пайванде байни фалсафаи зиндагии дењотиёни кўњистон ва муњтавои осори адабии ниёгон (ба вижа, «Маснавии маънавї») дарёфтааст ва ин њолат сухани ўро, асарашро рангу тобиш, сабку услуб ва таъсирмандии хосае эњдо намудааст. Дар оѓози китоб руљўи фаровону бамаврид ба андарзномањои родмардони адабиёти тољик мешавад ва бад-ин васила таъкид мегардад, ки мурод аз њама гуна асари адабиёт, пеш аз њама, њикмату ибрат омўхтан, ба њаводиси зиндагї бо чашми дил

аз фарсуда гардидан ва аз байн рафтани асолати инсонї дар насли навин аст ва китоби хешро як навъ даъват ба хештаншиносию ибратпазирї ва посдории анъанањои неки ниёкон медонад ва бо њамин нияти нек «озими сайри сулуки дилњо» мешавад. Асли ёддоштњои нависанда бо тасвири њасратбору муассири њодисаи марги Бобо, ки аз љигарбандони муаллифи китоб асту шахсе фозилу ориф, шурўъ мегардад. Марги шахси ба дил наздик ва саропо фазлу хирад «на корест хурд» ва њамагонро синачоку ѓамбемор мекунад. Аз љониби дигар, даргузашти чунин ашхос худ њикматеро низ дорост, ки њон, бидонеду огоњ бошед, ки пирони хирад ѓаниматанд, эшонро арљгузорї бояд кард ва њар чї бештар об аз чашмаи маърифаташон бояд нўшид. Образи Бобо дар китоб љолибу љозиб ва омўхтанист. Ў шахсест њалиму мењрубон, соњибхираду порсову сўњбаторо, китобдўсту боназокат ва рањнамову дастгири њамагон. Њама амалаш, њар як њарфу њиљояш ибратомўз аст. Хонанда аз њаводиси рўзгорони ноњамвори Бобои арљманд њикмати бисёр хоњад андўхт ва љањони ботинии хешро мунаввартар хоњад кард. Ба ин гуна манзарањои њаёти симоњои дигари китоб низ (падари муаллиф ва пайвандону атрофиёни хонадони ў) шоистаи таваљљуњ ва манбаи ибратпазирист. Инњо њама инсонњоеянд, ки бо дили софу бекина, мутобиќ ба ќавоиди шариат зиндагї «дар миёни чор девори баланд кўњњо» доранд ва чунон ки муаллиф бо эњтирому эътиќод ва њиссиёти баланд нидо дармедињад, «ин

Он нукта њам сазовор ба таъкиди махсус аст, ки ин асари Мирзо Шукурзода низ чун дигар нигоштањояш бо забони сањењу фасењ, равону пуробуранг ќаламї шудааст ва дар ин маврид худ нахустљумлаи китоб метавонад далеле бидуни шарњ бошад: «Њини таълифи ин ёддоштњо њар замон панљаи фикри махдушу маѓшуше бар торњои эњсосоти банда шабехун мезад ва лашкари шакку шубњаро бо дили ошуфтаам ба набарди рўёрў мехонд». Њамчунин, бо мутолиаи китоб хонанда бо як даста вожањои ноби забони мардуми кўњистон, ки чанде аз ин вожањоро метавон дар забони адабї корбаст кард, ошно мешавад ва захираи луѓавии хешро такмил мебахшад. Дар «фањми дуруст»-и китоби «Тўшаи умри падар» пешсухани Нависандаи халќии Тољикистон, устод Сорбон ба он хонандагонро мададгор хоњад буд. Бо эътиќоду эътироф ва воќеъбинона навишта шудааст ин пешсухани шоиста. Китоби хубро кас сабук мутолиа мекунад, аз хонданаш лаззат мебарад, бањра мебардорад ва хоњише андар дилаш гул мекунад, ки ин гуна китоб бардавом бошаду бардавом. Аз мутолиаи китоби мазкури адиби хушзавќу хушсабк Мирзо Шукурзода низ дар дили њар хонандае беихтиёр хоњише чунин пайдо мешавад ва таскинбахш он аст, ки дар хотимаи китоб омада: Поёни китоби аввали ёддоштњо. Абдурауф МУРОДЇ, «Омўзгор»

Дар њавои ин гуфтаи воќеъбинона метавон ќазоват кард, ки агар Мирзо Шукурзода пас аз тањияву тадвини китоби гаронарзишу пурмояи «Тољикон дар ќаламрави Ориёно» дигар эљодкорие њам намекард, дар адабиёти тољик соњибному ќоиммаќом мемонд. Ин китоб, ки батакрор нашр гардиду њаводорони зиёд пайдо кард, шиносномае дигар (дар шумори «Намунаи адабиёти тољик»-у «Тољикон») шуд барои миллати тољик ва бори дигар ба гунаи хеле љиддиву

«дар миёни чор девори баланди кўњњо»

Имрўз дар арсаи адабиёти тољик шоиру нависандагони зиёде ба эљодкорї машѓуланд, вале воќеият он аст, ки на њамаи онњоро комёбие љиддї ва эътирофи њамагонї насиб гашта. Аксари эшон асаре шоиста ва писандида рўи кор наовардаанд, сухани тоза гуфта натавонистаанд, мавќее сазовору мондагор дарнаёфтаанд… Оре, воќеан њам, сањлу андак коре нест дар адабиёти тољик мавќеъ ёфтану номвар гаштан. Сано бодо ба чанд тан аз родмардони ќаламкаши муосири тољик, ки дар заминаи истеъдоду мањораташон ва зањмати пайвастаашон адабиёти тољикро шуњрат меафзоянду њамвора мавќеъ устувор мекунанд ва коми ташнагони сухани нобро шодоб менамоянд. Коре мекунанд, асаре меофаранд, сухане мегўянд, ки дархури табъи њаводорони каломи бадеъ аст ва хазинаи осори мондагори адабиётро ѓанитар месозад. Адиби донишманд ва зањматписанди тољик Мирзо Шукурзода дар радифи њамин гуна ќаламкашон ќарор дорад. Ба фаъолияти пурсамару бавусъати ин адиби номвар хирадсолорони Тољикистону Эрону Афѓонистон, ин се кишвари њамфарњангу њамдину њамзабон, бањои баланд додаанд, ки аз љумлаи эшон метавон ёд аз устодон Муњаммадљон Шакурию Лоиќ Шералї, Муњаммад Осимию Валї Самад ва Алиасѓари Шеърдўсту Моили Њиравї… кард. Дар бораи устод Лоиќ дар рисолае хонда будам: «Агар Лоиќ ба љуз «Илњом аз «Шоњнома»-ю «Модарнома»-аш дигар њељ асаре намеофарид њам, номи ў дар арсаи адабиёт љовидон устувору пойдор мемонд».

ЊАМБАСТАГЇ Аз назари устод Ќаноат, маљмўањои “Ёддоштњои як хобгард” ва “Яксара Бадахшонам бо ту” офаридањое њастанд сода ва мураккаб. Ба як чашмандоз аз он чизи асосиро наметавон бардошт. Дар усули сюриализми љадид дар шеваи хаёлї ба кор омадааст. Чун аз унвони “Ёддоштњои як хобгард” бармеояд, дар ин навъи шеър на аз воќеияти мављуда, балки аз рўъёњо ва њолатњои равонии як хобгард (лунатик) бояд сухан гуфт. Њар касе, ки аз ањволи хобгардон андаке хабар дошта бошад, имкони дарки асрори ин ашъорро дорад. Маълум ки гирифторони ин дард шабњангом аз рўйи як расан аз болои дарё ва ѓорњои бебун мегузаранд, дар њоле ки онњо ин корро рўзона карда наметавонанд. Ќањрамони лирикии шоир мегўяд: Ман он хобгард, он хаёлоти порин, Аз он кўњњо, обњои намодин. Навиштам, сурудам, шунидам, шунуфтам Ва дар Нил дар “Боѓи Бобул” шукуфтам. Шоир ин сайри хобгардро ба Албурз, Помир ва Панљшер мебарад: Маро бурд, мебурд, мебурд Ва шаб дар камингоњи хуршед

Дар љодаи озодї ва озодандешї

афсурд. Маро дарнавард, эй шафаќ, эй шаќоиќ, Маро дарнавард, эй насими њаќоиќ! Ман ин дарра, ин кўњро мешиносам, Ман ин киштї, ин Нўњро мешиносам. Танњо хонандаи нозукбинро аён аст, ки “камингоњи хуршед” маконест, ки замоне Масъуд камин мегирифт! Ва “ин киштиву ин Нўњ”, ки хобгард мешиносад, наљотбахши миллат Масъуд бошад! Хонанда дарк мекунад, ки ин

њама ашъор дардест, ки гўяндаи он дар маѓзи љон парваридааст. Аён аст, Латифи Пидром намояндаи наслест дар Афѓонистон, ки бачагї надидаанд. Воќеан, агар мо ба умќи ашъори ин шоири миллатдўст расем, ин маъниро дуруст дарк мекунем. Бубинем, ки ин китоби пур аз эњсосоти љавонмардї бо чї шеъре хотима меёбад: ...Дар ќандоќи санг ин љо зода шудааст Љавон! Рў дар рўи мо Раќиби њазор шањзода аст. Бубинедаш,

Озодиро ба чї валъае нафас мекашад! Нохудои дарёборњои муќаддас Њамакнун њарифи тўфонњои сахт аст Бо дастони кўчакаш Ин писар. Бигзоредаш, Бигзоредаш, То худ аз он љое, ки мехоњад, ба боло барояд. Сардори ояндаи љањонро таљрибае инчунин бояд! Дар ин њамоиши хотирмон Муъмин Ќаноат, Шарифи Исрофилниё, Њаёт Неъмати Самарќандї, Худої Шарифов, Аскар Њаким, Абдулњамиди Самад, Гулрухсор, Низом Ќосим,

Ато Мирхоља, Хосият Вализода ва дигарон дар њаќќи ашъор ва шахсияти Латифи Пидром суханњои нек гуфтанд. Худи шоир дар анљом гуфт, ки Тољикистон барои њар як тољиктабори Афѓонистон хонаи умед буду њаст. Солњои барои миллати Афѓонистон вазнин Шери Панљшер ин љо рафтуомад мекард, мо дар баробари зодгоњамон Тољикистонро Ватан мењисобидему ба осони рафтуо доштем. Ба хотири азхуд кардани осоре, ки дањсолањо уламову удабои Тољикистон офаридаанд, зумрае, аз љумла банда, хати сирилик омўхтаем. Барои равобити илмиву адабї, барои боз њам наздиктар гардидани мардуми ду соњили Ому минбаъд корњоеро бояд анљом бидињем. Масалан, яке аз роњњои сањлу осон дар мактабњои Афѓонистон дар баробари хати порсї, њељ не, њафтае як соат љорї кардани хати сирилик аст. Мо ба донишу китобњое, ки дар Тољикистони азиз анбошта шудааст, ниёз дорем. Барои баргардониши ин њама китобњо солњои тўлонї лозим мешавад, барои азхуд кардани хати сирилик бошад, њамагї чанд моњ кифоят мекунад. Њозирин ба суханронии шоир бо кафкўбї њамраъйї изњор намуданд. Марямбонуи ФАРЃОНЇ, “Омўзгор”

Аз соли тањсили 1986-1987 теъдоди хонандагон дар синфњои 1-9 то 30 нафар, 10-11 то 25 нафар муайян карда шуданд.


ОМЎЗГОР

РАНГОРАНГ НАВНИГОР

Барои бобоям

Андешањо Одами беазму талош монанди кўлест, ки обаш бўй гирифтааст. ХХХ Шароб њусни сирати инсонњоро мањв месозад. ХХХ Шахси ноумеду рўњафтода, ки умри худро бо шикояту заифнолї барбод медињад, шабењи парандаи бепару бол аст. ХХХ Бойтарин инсон онест, ки диле дорад бо як љањон ишќ. ХХХ Иродатмандон кайњо ба ќуллаи умед расидаанд, беиродањо аз давру замон меноланд. ХХХ Њамаи одамон: зишту бад, хубу накўкор аз шири сафеди модар нўш кардаву дар оѓўши маъбадмонанди вай бузург шудаанд. Гањвораи касе аз осмон наомадааст. ХХХ Шахси нобино ними одам аст. ХХХ Ќалб мисли булўр аст.

№ 50, 13 декабри соли 2013

ТАЉРИБА

Иншои хурд ва инкишофи нутќ

Бобоям аз Ванљ омад Аз макони ганљ омад. Як мањ ў бо мо набуд, Бе дарду бе ранљ омад. Як моњ он љо дам гирифт. Худро дур аз ѓам гирифт. Бобом зеботар шудаст, Чун садбарги тар шудаст. Агар ўро сахт такон бидињї, шикастанаш мумкин. ХХХ Одамизод њамеша аз думболи орзу мегардад. Дареѓо, ки дар ин умри кўтоњ басо орзуњои худро љомаи амал напўшонда, олами дударро тарк мегўяд. ХХХ Сукут шабењи сабр дар баъзе маврид аломати хушбахтист. ХХХ Саркўб кардани бузургон аз њамияту хиради шоњон набуда, василаест бањри ќасосу кина гирифтан.

ИНФОРМАТИКА

Аз 2-юми сентябри соли 2010 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» ба тасвиб расидааст. Дар Барномаи мазкур љињати таъмин намудани муассисањои таълимї бо техникаи компютерї, ташкил намудани марказ ва бахшњои хизматрасонї, бахусусан пайвастшавї ба шабакаи Интернет зикр гардидааст. Тибќи Барномаи дар боло зикргардида раёсат ва шуъбањои

Мавзунаи МЕЊРИДДИН, хонандаи гимназияи №2, шањри Душанбе

Зардолуву тут овард, Чормаѓзу ќурут овард. Себњои рангоранг, Олуву муруд овард.

Яке аз намудњои хеле самаровару муњими корњои хаттї бањри мусоидат ба инкишофи нутќи хонандагон иншои хурд мебошад. Ин намуди кори хаттї ваќти зиёдро талаб намекунад Бобом надорад асо, ва њамагї чанд лањзаи дарсро фаро Ќадду ќоматаш расо. мегирад. Иншои хурдро метавон Кони насињат аст ў, њафтае як маротиба навишт. Кўшиш Китоби њикмат аст ў. бояд кард, ки барои иншо матнњои мувофиќ ва пурмазмуну дорои хусуЎ бе айнак мехонад, сияти тарбиявї ва аз лињози таркиби Њатто, мошин меронад. луѓавї ѓанї мавриди истифода ќарор Дар мањфилу дар хона гиранд. Нахуст матни интихобшуда Ў мехонад тарона. ду-се маротиба ба хонандагон (дар синфњои 5-6) хонда мешавад. Баъди Бобом марди худодод, иљрои кор шогирдон навиштањои Дорад хонаи обод. худро ба навбат ќироат мекунанд ва Зиндагишон бо бибим нисбат ба иншои њамдигар изњори Мисли арўсу домод. аќида менамоянд, ѓалатњои содиршуЗиёратуллоњи даро якљо ислоњ мекунанд. Таљриба НАРЗУЛЛО бозгўи он аст, ки барои иншоњои хурд

Интернет-манбаи иттилоот маорифи шањру ма н о њ и я њ о и љумњуриро лозим љу аст, ас ки дар њамкорї бо маќомоти иљроияи мањаллии иљ њ о к и м и я т и д а в л а т ї , соњибкорону сарсо парастон ва дигар па ашхоси саховаташ пеша масъалаи ба пе шабакаи Интернет пайваст намудани муассисањои таълимиро њарчї бештар њаллу фасл намоянд. Њаминро бояд ќайд намуд, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон муассисањои таълимї бояд бо хати озоди барќ таъмин бошанд ва дар ваќтњои зарурї барои гузаронидани дарсњои технологияи информатсионї аз генераторњо истифода баранд. Аз ин лињоз, аз кордонию роњбарии маъмурияти муассисањои таълим вобаста аст, ки аз имконияту

воситањои дар боло зикргардида самаранок истифода баранд ва њарчї зудтар муассисањои таълимиро бо неруи барќ таъмин намоянд. Фарњод РАЊМАТУЛЛОЕВ, сармутахассиси шуъбаи хадамоти методии тањсилоти олї ва баъдидипломии МЉТМ назди ВМИЉТ, Мањбуба ЌУРБОНОВА, муовини директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №77-и ноњияи Фирдавсї

ЁДБУД

Бузургдошти Њайдар Алиев

Њайдар Алиев сиёсатмадори шинохтаи асри 20 – и собиќ Иттињоди Шўравї буда, њамчун роњбари Озарбойљон бањри пешрафти соњањои мухталифи кишвараш хизмати босазо кардааст. Вай бештар аз чил сол дар сари иљрои вазифањои пурмасъулият ќарор дошт. Аз вафоти Њайдар Алиев дањ сол сипарї гардид. Сафорати Љумњурии Озарбойљон дар Љумњурии

15

б бењтараш ба хонандагон бањо гузошт нашавад. Зеро дар сурати бањо гута ззоштан шогирдон аз бими бањои паст г гирифтан дар ќироати иншои худ ва д дар бањси муњокимаи навиштањои њ њамдигар то љое нофаъол мешаванд. А тарафи дигар, онњо (синфњои 5-6) Аз њњанўз ќоидањои имлои забони русиро ч чандон хуб азхуд накардаанд. Як машѓулиятро аз дарси забони русї дар синфи 5 мисол меорем. Дар р ин синф њангоми гузаштани мавзўи и ссифат оид ба мавзўи «Фасли зимистон» аз иншои хурд истифода мебарем. Пешнињод мешавад, ки дар ин мавзўъ бо истифода аз сифатњои мансуб ба зимистон иншои хурд навишта шавад. Хонандагон бо шавќ ба навиштан машѓул мешаванд ва њар яке мекўшад, ки бештар сифатњои хоси зимистонро дарёфт намояд. Сипас, чанде аз хонандагон навиштањои худро ифоданок мехонанду шарњ медињанд ва мулоњизањои њамсинфонашонро мешунаванд. Хонандагоне, ки дар ваќти људошуда ба навиштани иншои хурд муваффаќ намешаванд, бо иљозаи омўзгор ин корро дар хона (илова ба вазифаи хонагї) иљро менамоянд. Зевар ЃОЛИБШОЕВА, омўзгори забон ва адабиёти руси мактаби №54-и шањри Душанбе

АСРОРИ ВОЖАЊО (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) Дењаи як замон хурди Ѓончї дар рўзгори мо ба шањраки зебо, гулпўш озодаю ороста табдил ёфта, маркази маъмурии ноњияи Ѓончист. Дењаи Ѓончї ба мисли дигар ноњияњои кўњии Устрўшан (Истравшан) сарнавишти аљибе дорад. Мардуми ин диёр аз замонњои куњан асосан ба боѓдорию токпарвар, касбу њунар ва бозоргонї, савдо ва тиљорат машѓул будаанд. Оид ба сарнавишти номи Ѓончї дар сарчашмањои китобии пешина баёноте сабт нашуда бошад њам, вале бошандагони дењаи Ѓончї номи диёри худро аз калимаи «Ѓунљї» медонанд. Гўё, одамон аз мавзеъњои гуногун ба ин љо омада, ѓун шуда мондаанд. Аммо баъзе њолдонњои торихи гузаштаи ин номљойро «хончї»

Ѓончї

маънидод намуда, гўянд, ки он аз бахши «хон» (дастархон, нозу неъмат) ва пасванди -чї таркиб ёфтаасту маънояш «манзилу љойгоњи мардуми мењмоннавоз» аст. Гурўњи дигар маънои номи «Ѓончї»-ро аз калимаи «ѓунча» ва бархе аз «хончї», ё худ «хонча», ки гўё маънои «хонигарии хурд»-ро дошта бошад мењисобанд. Инчунин дар лањљаю шевањои забони тољикї калимаи «хонч» њамчун истилоњи полизкорї кор фармуда мешавад. Дар њаќиќат мардуми «Ѓончї» боѓу токпарвар буда, ангури сершарбати ин мавзеъ дар ноњияњои гирду атроф шуњрат дорад. Чунин маънидод њама тафсирњои сунъї ва эњтимолианд, албатта. А.АБДУНАБЇ

Муаммои «Ќироат»

Тољикистон њамасола 10 – уми декабр рўзи хотираи ўро таљлил менамояд. Чанде пеш Сафоратхонаи Љумњурии Озарбойљон дар Тољикистон ба ин муносибат бо иштироки ањли илму фарњанг, сиёсатмадорон, олимону шоирон, рўзноманигорони ватанию хориљї њамоиш баргузор намуд. Сафири Љумњурии Озарбойљон Аббосалї Њасанов аз мавќеи ў дар сиёсати дохилию берунии кишвараш њикоят кард. Њамчунин, њашт китоби ба забони тољикї тарљумашудаи нависандаи шинохтаи Озарбойљон Элмира Охундова ва адиби рус Николай Зинкевич дар тарљумаи адибони тољик Гулназар Келдї, Ато Њамдам, Истад Ќосимзода, Мањмадшарифи Рустам, Мирзо Кенља, Марям Давлатова муаррифї гардид. Асарњои мазкур тавассути нашриёти «Адиб» ба зевари табъ ороста шудааст. Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Солњои 1984-1990 ислоњоти охирини мактаби тањсилоти умумї бояд анљом меёфт.

Аз чап ба рост: 1. Њаммаънои вожаи ташаккур. 4. Боду њавои форамро гўянд. 7. Навъи яроќи шикорї. 9. Дурдикаш. 11. Шањри ќањрамон. 12. Муродифи сокит. 14. Муаллифи «Капитал». 15. Хаттот. 17. Нишонии ин ё он идора, ки муайянкунандаи сифати мол аст. 18. Љойи нигоњдории моли майда дар кўњистон. 19. Синоними вожаи њамеша. Аз боло ба поён: 2. Љонвари обї. 3. Исми Нависандаи халќии Тољикистон. 4. «… - ун – алайк, эй љафодида ёр, Чунонию чун аст ањволи кор?» (Анварї). 5. Алафи бањории хўрданї. 6. « … номарасонам мебарад». 8. Њарфи алифбои ниёгон. 10. Њаммаънои хондан. 12. Тамѓаи мошини сабукрави хориљї. 13. Германияро њамин тавр ном мебаранд. 14. Њаммаънои тамрин. 15. Љинсият. 16. Закариёи … . Мураттиб Њотами ЊОМИД


16

ОМЎЗГОР

АНЉОМ

№ 50, 13 декабри соли 2013

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї”

Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї»

Эълон барои иштирок дар озмуни тафтишгарони корњои хаттї

Интихоби мушовирони мањаллї барои баќайдгирии довталабон Мансаб: Баќайдгиранда (120 вазифа) Муддат: 45 (чилу панљ) рўз, бо имкони тамдид. Макони иљрои вазифа: ш. Душанбе - 36 нафар, ш-к. Рашт - 6 нафар, ш. Кулоб -18 нафар, ш. Ќўрѓонтеппа -18 нафар, ш. Хуљанд - 36 нафар, ш. Хоруѓ 6 нафар. Барои ташкили баќайдгирии довталабон Маркази миллии тестї дар маркази вилоятњо нуќтањои баќайдгирї таъсис медињад, ки дар њар яки онњо то 4 стансияи баќайдгирї - бо таносуби 4 баќайдгиранда барои як нуќтаи баќайдгирї ва як баќайдгирандаи иловагї фаъолият хоњанд кард. Барои идора кардани раванди баќайдгирї дар нуќтањои таъсисёфта Маркази миллии тестї роњбари нуќтаи баќайдгириро таъин менамояд. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестї барои интихоби баќайдгирандагон озмун эълон менамояд. Баъди омўзишњои 2-рўза, кормандони таъингардида барои баќайдгирии довталабон масъуланд: Аз љумла, дастрас намудани маълумоти зарурї ва ворид намудани онњо ба пойгоњњои маълумот барои гузаронидани имтињонњо/тестњо. Талаботи тахассусї: • доштани маълумоти олї ё олии нопурра; • таљрибаи корї дар соњаи маориф афзалият дорад; • малакаи зарурии корї бо воситањои барномавї-идоравии технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакањои мањаллї, флеш-хотира, барномањои офис ва дастаи барномањои коркарди электронии њуљљатњо; • озодона донистани забонњои тољикї ва русї. Барои иштирок дар озмун довталабон бояд њолнома (CV) - бо забонњои русї ва англисї ва нусхаи шиносномаро бо суроѓаи зерин пешнињод намоянд: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” 734024, ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш, 50 Тел. (992-37) 222-17-02, 222-18-02. Факс: (992-37) 222-16-02. Суроѓањои электронї: jmirzoev@ntc.tj, eshamsov@nts.tj, mshonazarova@ mail.ru, rozikov-64@mail.ru, ва halilov6262@mail.ru. Шахсони мутасаддї: Љ. Мирзоев (МДММТ), Э. Шамсов - 918 65 05 30 (ш.Душанбе ва НТМ), М. Шоназарова - 98 733 68 76 (ВМКБ), Б. Розиќов - 98 707 19 64 (вилояти Суѓд), Р. Халилов - 918 49 15 14 (вилояти Хатлон). Интихоб тавассути сўњбат сурат мегирад. Муњлати нињоии пешнињоди дархост барои иштирок: 27-уми декабри с.2013 то соати 16:00.

ХАНДАРЕЗ

ПАНЉ ЛАТИФА

Ду марди ширакайф ба њам вомехўранд. Марди якум: - Занам маро куштанї аст. Марди дуюм: - Инро чї хел фањмидї? Марди якум: - Ман дидам, ки ў бо шавќи зиёд китоби «Чї тавр паразити хонаро нест бояд кард?»-ро мехонад. ХХХ Шахсе файласуфвор ќазоват мекард: - Мардњо

чун кўдаконанд: агар занашонро бист даќиќа набинанд, доду фиѓон мекунанд, агар ду њафта набинанд, фаромўш мекунанд. ХХХ - Мардак, шумо шабњо хуррок мекашед. - Не, занак, хуррок намекашам, дар хобам мотосиклрониро машќ мекунам. ХХХ Субњи барваќт зан шавњарашро бедор карданї мешавад: - Бархез, соати деворї занг мезанад. Мард хоболуд љавоб медињад: - Ба ў гўй, ки ман худам дертар занг мезанам. ХХХ Ду рафиќ ба њам вомехўранд. - Шунидам, ки бо занат як њафта боз гап намезадаї. - Мо ќањрї шудем. - Кори наѓз нашудааст. - Баръакс, як њафта шуд, ки дар хона тинљию оромист.

Бо маќсади бењдошти сифати маълумоти бисёрзинаї дар Љумњурии Тољикистон, дар заминаи консепсияи миллии тестї Њукумати Љумњурии Тољикистон Маркази миллии тестиро таъсис дод. Вазифаи асосии Марказ ин ташкил ва гузаронидани тестњо љињати арзёбии сатњ ва сифати маълумоти хонандагони мактабњои миёна, имтињонњои хатмкунї, њамчунин имтињонњои дохилшавї ба мактабњои олї мањсуб мегардад. Фаъолияти Марказ аз њисоби воситањои буљети давлатї ва Гранти Федератсияи Россия, ки аз љониби Бонки Умумиљањонї идора карда мешавад, маблаѓгузорї мегардад. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестї барои тафтишгарони корњои хаттї – иншои хурд (эссе) озмун эълон менамояд. Тафтишгарони корњои хаттї дар тафтиш ва холгузорї ба иншои хурд (эссе)-и навиштаи довталабони соли 2014 масъул мебошанд. Барои тафтишгарони корњои хаттї дар давоми моњњои январ ва июни соли равон семинар гузаронида мешавад. Давраи фаъолият аз 2-юм то 16-уми июли соли 2014. Талаботи тахассусї: • маълумоти олии педагогї; • таљрибаи кории на камтар аз 5 сол дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва тањсилоти олии касбї (ва ё дар дигар муассисаи соњаи маориф) ба сифати омўзгор ё мутахассиси фанњои забон ва адабиёти тољик; • Ќобилияти зуд аз худ кардани тартиби тафтиши иншои хурд (эссе); • Ќобилияти дарки услуби матн, дуруст бањо додан ба матн ва даќиќ будан дар ѓалатгирї; • Ќобилияти кор кардан дар гурўњ ва дар шароити пўшида (махфї).

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд њолнома (CV) бо забони тољикї ва дархост ба номи директори Маркази миллии тестї – Љаъфаров С.-ро ба суроѓањои зерин пешнињод намоянд: Барои омўзгорони шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи марказ: Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї», ш. Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш 50 (гардиши фурудгоњ) Тел./факс: +992 222-17-02; 222-18-02; (98) 732-25-24 Суроѓаи электронї: jazimov@ntc.tj Шахси мутасаддї: Азимов Љамшед Барои омўзгорони вилояти Суѓд: Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти Суѓд, ш.Хуљанд, кўчаи Њаким Карим 16, тел.: (98) 707-19-64 Шахси мутасаддї: Розиќов Бозорбой. Барои омўзгорони вилояти Хатлон: Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти Хатлон, ш.Ќўрѓонтеппа, кўчаи Борбад 13, тел.: (918) 49-15-14 Шахси мутасаддї: Халилов Рањмоналї Барои омўзгорони ВМКБ: Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти ВМКБ, ш.Хоруѓ, кўчаи Иљубов Мамадато 234, тел.: (98) 733-68-76 Шахси мутасаддї: Шоназарова Мадина Интихоби довталабон мувофиќи тартиб анљом дода мешавад. Мўњлати нињоии пешнињоди дархост барои иштирок: 5-уми январи соли 2013 то соати 17:00 ваќти мањаллї. Маълумоти бештар дар сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї» (www. ntc.tj) дастрас мебошад.

Тасњењ

Шањодатномаи гумшудаи хатми мактаби тањсилоти асосии умумии №148309, ки онро соли 1994 мактаби №11-и шањри Душанбе ба Одинаева Хосият додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №744214, дар бораи хатми синфи 8, ки онро мактаби №5-и ноњияи Љомї ба Абдулоев Мирзоњодї Мирзоѓаниевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи А №257363, ки онро соли 1996 мактаби №11-и ноњияи Варзоб ба Табаров Рањматулло Абдуллоевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи АБ № 232141, ки онро соли 2001 мактаби №45-и ноњияи Варзоб ба Холов Шоњин Муќадасевич додааст, эътибор надорад.

Кормандони дастгоњи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Кўлоб Табаров Абдулло бинобар вафоти МОДАРАШ њамдардии амиќ баён менамоянд. Раёсат ва њайати омўзгорону кормандони Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї ба ректори донишгоњ, доктори илмњои физика-математика, профессор Табаров Абдулло Њабибуллоевич нисбати даргузашти МОДАРАШ изњори њамдардї намуда, ба хешу табор ва наздикони марњум изњори њамдардї менамоянд. Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми ВМКБ ба сармуњосиби Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми ВМКБ Мењрубоншо Исроров бинобар вафоти ЊАМСАРАШ њамдардии амиќ баён менамоянд. Кормандони эљодии њафтаномаи «Омўзгор», маљаллаи «Маърифати омўзгор», шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ ба мушовири кабинети методии шуъба Табаров Њабибулло бинобар вафоти ЊАМСАРАШ изњори тасаллият мекунанд.

Дар сањ.1-и шумораи гузаштаи њафтанома (№49, 6 декабри соли 2013) дар шеъри «Эњё» бо сабаби техникї ѓалат рафтааст. Мисраи дувуми байти панљум чунин хонда шавад: «Рўи авроќи Ватан маъно шудем».

Маъмурият ва коллективи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ЉТ ба ходими илмии озмоишгоњи генетикаи растанї Н.Камолов нисбати вафоти МОДАРАШ, ба ходими илмии озмоишгоњи генетикаи растанї Ф.Њ.Бобољонова нисбати вафоти бародараш БОБОЉОНОВ Пўлодљон, ба муовини директори институт оид ба корњои хољагидорию маъмурї К.Салимов нисбати вафоти БАРОДАРАШ, ба мудири пойгоњи набототи кўњии Варзоб (Кондара) Ќ.Партоев нисбати вафоти падараш САЛИМОВ Њољї Партовалї андўњгин буда, ба ањли оила ва пайвандони марњумон њамдардї баён менамоянд.

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

ОМЎЗГОР

Муассис: Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Почтаи электронї: info@omuzgor-news.tj Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Њайати Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ тањрир: М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул) Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49 «Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд. Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.