Хакикати сугд № 146

Page 1

"Обшавии босуръати пиряхњо бар асари таѓйири иќлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии ањолї ва њифзи захирањои об тањдиди љиддї дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 њазор пиряхњои Тољикистон, ки барои тамоми минтаќа ањамияти њаётї доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудї расидааст. Љараёни босуръати обшавии пиряхњо дар натиљаи баланд шудани њарорати њаво боиси афзоиши бесобиќаи офатњои табиї ва таназзули экосистемаи обї гардидааст. Ин падида њар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иќтисоди миллї ва хисороти бузурги моддї ба ањолї мегардад". Аз суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН дар Конфронси 21-уми Созмони Милали Муттањид оид ба таѓйирёбии иќлим дар шањри Париж

ÁàíO-îäàì àúçîè ÿêäèãàðàíä Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Íàøðèÿè Ìà¥îìîòè è¿ðîèÿè ³îêèìèÿòè äàâëàòèè âèëîÿòè Ñó˜ä Панљшанбе, 16 июли соли соли 2015 Шанбе, 5 декабри 2015

500

Панљшанбе, 16 июли соли 2015 № 146 (17515)

рўзи мењнати зарбдор ба истиќболи 25-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Вусъати корњои роњсозї дар шањраки Сайњун Дар шањраки навбунёди Сайњун дар баробари дигар корњои сохтмонї бунёди роњњои наву замонавї низ идома дорад. Тавре зимни боздид аз шањраки Сайњун аён гардид, њоло корњои роњсозї дар ин љо бомаром идома дорад. Барои анљоми корњои роњсозї мутахассисон ва техникаи зарурї љалб гардида, мутахассисон кўшиш ба харљ дода истодаанд, то ки роњњои бунёдшавандаро бо риояи талаботи мављуда ба сомон расонанд. Дар шањраки наву замонавї корњои њамворсозї ва ќисман мумфаршкунии роњњо ба итмом расида, дар назар аст ба љуз роњи марказї роњи байни мањаллањо низ бунёд карда шавад. Барои бунёди роњњо ширкатњои роњ-

Сохтмони маркази савдо дар Панљакент

созии ЉДММ «Хуљандроњ» ва ЉДММ «Манзил» љалб карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд

£îíóí âà è¿ðîè îí

ÂÀÒÀÍÄ¡ÑÒD ÄÀÐ ÑÓÕÀÍ ÍÅ, ÄÀÐ ÀÌÀË ÌÀÚÍÎ ÁÈÏÀÇÈÐÀÄ

Шукри Истиќлолият, Вањдати миллї ва хизматњои арзандаи Пешвои миллат, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон, ки кишварамон Тољикистон ол то сол ободу зебо мегардад. Дар ободонии Ватани азизамон дар пањлўи ин шахсияти хирадманд фарзандони баору номус ва дилсўз њастанд, ки ањли љомеаро роњбаладї намуда, дар пешравии њаёти њаррўзаамон сањми муносиб мегузоранд. Шањри бостонии Панљакент низ чун дигар минтаќањои зебоманзари кишвари азизамон пеш меравад, обод мегардад. Мардуми ин сарзамин дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат имрўз рўњбаландона кору пайкор доранд. Дар иљрои корњои ободонї, сабзу хуррамгардонї, ба вуќўъ пайвастани чорабинињои гуногуни фарњангї, тарѓибу ташвиќи сиёсати имрўзаи Њукумати Љумњурии Тољикистон сањми кумитањои мањаллаи шањр бештар назаррас мегардад. Дар назди Корхонаи дав-

латии фаръии «Хољагии манзилию коммуналї» - и шањр 18 кумитаи мањалла фаъолият мебаранд. Сарварони мањаллањо, фаъолон ва кулли аъзои мањалла имрўзњо бањри иљро ва риояи талаботи Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти худфаъолияти љамъиятї», «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» дар байни мардум сањми арзанда мегузоранд. Дар айни замон ќисми зиёди кумитањои мањаллањои шањр фаъолияти худро дар асоси Оинномаи худ тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти худфаъолияти љамъиятї» тартиб дода, ба роњ мондаанд. Аз љумла, мањаллаи «Зардолузор» давоми се сол аст, ки фаъолияти худро дар њамин асос ба роњ мондааст. Шахси соњибэњтиром Муталлиб Ќурбонов њамчун раиси мањалла масъулияти бузургро

бар ўњда дорад. Бо ташаббуси ў ба корњои ободонии мањалла диќќати љиддї дода мешавад. Сањми аъзои мањалла дар гузаронидани чорабинињои гуногуни идона, ташкили аёдати беморон, маъюбон, иштирок дар чорабинињои љамъиятї шоиста аст. Бо ташкили дурусти кор ва гузаронидани корњои фањмондадињї дар байни ањолї, тарбияи њисси ватандўстї ва ватанпарварї кумитаи мањаллаи «Зардолузор» мунтазам наќшаи даъват ва гусели љавононро ба сафи Артиши миллї сариваќт ва барзиёд иљро менамояд. Ба баланд бардоштани маънавиёти бошандагони мањалла низ диќќати љиддї дода мешавад. Бошандагони мањалла њар сол дар маъракаи обуна ба матбуоти даврї фаъолона ширкат варзида, ба рўзномаю маљаллањои дилхоњ сариваќт обуна мешаванд. Тибќи Барномаи вилоятии “Соли 2015-идомаи соли роњњои обод”, ки дар асоси ќарори Раиси вилояти Суѓд, мўњтарам Абдурањмон Ќодирї амалї шуда

истодааст, давоми солњои 20142015 кўчањои мањалла тахту њамвор, ќумпўш карда шуд. Ањли мањалла дар ободонии биноњои истиќоматї, масъалањои марбут ба зимистонгузаронї, тоза нигоњ доштани љўйборњо, гулзоркунї ва нињолшинонї эътибори зарурї медињанд. Раиси мањалла М.Ќурбонов иброз медорад, ки ањли мањалла шукри Истиќлолият, шукри Вањдат ва сулњу субот доранд. Шукр мегўянд, ки дар солњои Истиќлолият бо сарварии Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба чунин рўзњои нек расидем. Акнун вазифа аз он иборат аст, ки мо пиру барнои Тољикистон дар атрофи ин шахси мўътабар боз њам сарљамъ шуда, бањри њифзи манфиатњои миллї, иљрои корњои ободонию созандагї, таъмини зиндагонии тинљу осуда ва шоистаи мардум содиќона ва собитќадамона мењнат кунем. М.ШУКУРОВ, шањри Панљакент

Дар хиёбони ба номи Рўдакии шањри Панљакент сохтмони бинои маркази савдои «Њумо» идома дорад. Маркази калони савдои «Њумо» аз чор ошёна иборат буда, барои бунёди он 6,5 миллион сомонї маблаѓ равона гардидааст. Айни замон ќисми зиёди корњои сохтмонї аз љониби ширкати сохтмонии ЉДММ «Ѓизо» ба сомон расонида шуда, коргарон

барои анљоми корњо талош доранд. Барои корњои сохтмонї 40 нафар сокинони мањаллї ба кор љалб шудаанд.

Ифтитоњи маркази њунаромўзии «Гули бодом» Дар Љамоати дењоти Таѓояки ноњияи Спитамен маркази њунаромўзии «Гули бодом» мавриди истифода ќарор гирифт. Дар ин марказ, ки барои бофтани атласу адрас пешбинї шудааст, занону бонувони мањаллї ба њунаромўзї љалб мешаванд. Дар маросими ифтитоњи маркази навтаъсис роњбарияти ноњия ва сокинони мањал иштирок намуда, бунёди чунин марказњоро барои љалби духтарону бонувон ба кор ва омўзиш муњим арзёбї карданд. Тавре иттилоъ дода шуд, маркази њунаромўзї аз љониби соњибкори мањаллї Ориф Мирзоев ташкил шуда, дар он 16 нафар бонувон ба омўзиш ва кор љалб гардиданд.

Дар Ѓончї тариќи њашар роњро обод карданд Дар доираи Барномаи вилоятии «Соли 2015идомаи соли роњњои обод» дар ноњияи Ѓончї низ корњои роњсозї вусъат ёфтанд. Бо ташаббуси сокинони дењоти Ростровут ва дастгирии маќомоти ироияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Ѓончї дањ километр роњи осебдидаю ноњамвори дењањои Дањкат — Дашти Хишекат ва Хишекат — Ростровут тахту њамвор ва

шаѓалпўш карда шуданд. Барои таъмири роњњо зиёда аз 30 њазор сомонї маблаѓ сарф шудааст.

Коргоњи истењсоли аробачаи маъюбї бунёд мешавад

Соли 2016 дар маркази вилояти Суѓд - шањри Хуљанд бунёди коргоњи истењсоли аробачаи маъюбї дар назар аст. Ба иттилои масъулин аз Раёсати њифзи иљтимоии ањолии вилоят бо назардошти талаботи зиёди шахсони ба њаракати мустаќил имконияташон мањдудбуда, яъне маъюбони роњнараванда ва њамзамон, шахсони ба дасту пои сунъї заруратдошта, дар моњи апрели соли 2016 тасмим аст бо ибтикори Ташкилоти Њилоли Ањмари Тољикистон ва бахши суѓдии он, бо њамдастии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд ва маблаѓгузории ширкати чинї дар шањри Хуљанд ба маблаѓи 80 њазор доллари амрикої коргоњи протезї - ортопедї ва аробачаи маъюбисозї бунёд хоњад шуд. Коргоњи мазкур ѓайр аз сохтани аробачањои маъюбї, ба таъмиру фурўши кисмњои эњтиётии он ва сохтану шинонидани дасту пои сунъї низ машѓул хоњад шуд. Бояд гуфт, ки иќдоми мазкур як навиди хушест барои маъюбону шахсони имконияташон мањдуд дар Рўзи байналхалќии маъюбон, ки њамасола 3 декабр таљлил мешавад. Маводи гўшаи “Навиди Суѓд” аз рўи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилоят тањия шудааст


²à¥è¥àòè Ñó˜ä

Шанбе, 5 декабри соли 2015

№ 146 (17515)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Дар њошияи дастуру супоришњои Президенти мамлакат

2

Ифтихори ватандорї

Д

ар толори Кохи мўњташам барномаи консертї идома меёфт. Њунарпешагони шўњратмандтарини Аврупо истеъдоди волои худро пешкаши тамошобинон мегардониданд. Тамоми нишастгоњњои толор, ки бештар аз ду њазор нафарро ташкил медод, њамчунин нишастгоњњои ошёнањои дуюму сеюм низ лабрези њаводорони њунари асил буд… Шаби аљаб зебову сокит буд. Мавсими сармо њукм меронду дар берун барф меборид. Арафаи иди бошукўње, агар хато накунам, арафаи Соли нав, милоди Исои Масењ буд. Аз он љо - Ќасри давлатии фарњангии шањри Венетсия тавассути оинаи нилгун барномаи идонаи санъаткорони маъруф намоиш дода мешуд. Ќасри боњашамате, ки шукўњу шањоматаш шояд дар тамоми олам назир надошт. Ба назарам њар ваљаб девори толор бо усули нодиртарини кандакорї, гаљкорї, кошинкорї, њаккокии љањон бо эъљози дастони бењтарин устоњо баљо оварда шуда, як асари томи санъат буд. Он кандакорињо, ки бо ранги зарњалї оро дода шуда буданд, аз шуоъи мунаввари ќандилњои дар дилрабої бењамто тиллорангу муљалло гашта, ба тамоми толор як њусну латофати наљиб мебахшиданд. Он лањзањо дар умќи дилам ин суханон такрор мегаштанд: мењвари зебоињои олам њоло шояд ин Ќасри бошукўњ аст. Ва ононе, ки дар толор њузур доранд, хушбахттарин инсонњоанд… Ва ин лањзањо орзуе дар ќалбам макон гирифт: насибам бошаду ба дидани ин Кохи пуршукўњ дар Венетсия шарафёб гардам ва шоњкорињои њар як сутун, деворњои онро аз наздик бинам, аз санъати олї бархурдор бошам… Ин чанд сол муќаддам буд. Орзу дар дилам ошён дошту дам ба дам ќалбамро ба туѓён меовард. Сипас, бо гузашти солњо дар кишвари мо - Тољикистон тадриљан пояњои Истиќлолияти давлатї мустањкам гардид, дар рўзгори мардуми диёри мо сатњи камбизоатї паст рафт, орду биринљу равѓан афзун гашт, дастархони сокинони кишвар пурнозу неъмат шуд. Айёме омад, ки акнун ба рушди соњаи фарњанг,

лили љашнњо шаби шеъру таронаро дар иншооти навбунёди «Боѓи миллї», воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров њадя карданд, ошно гаштам. Он шабе буд афсонавї. Зери домони фарохи гардун, ки аз дуродур уфуќ намудор буд, бинои мўњташам ќад афрохта, босалобат меистод. Ба зебоиву шањомати он нигариста, чашм аз он канда наметавонї. Дар он чорабинї аз идораи рўзномаамон ману муовини сармуњаррир Тавњида Љўраева ширкат доштем. Мо аз як толор ба толори дигар, аз як њуљра ба њуљраи дигар мегузаштему аз наќши њунари волои дастони бинокорон, њунармандони асил ба ваљд меомадем: толори љамъомадњоро сутунњое зеб медињанд, ки њар яки он бо санъати алоњидаву ба худ хоси кандакории ќадимаи тољик бо мањорату ис-

маърифат, санъат эътибори љиддї дода шавад. Бо эњтимоми Сарвари мамлакат бањри рушду такомул бахшидани њунарњои мардумии тољик шароити васеъ фароњам оварда шуд. Аз љумла, бањри равнаќи њунари кандакорї ва ба ин васила бунёди кохњои фарњангї, чойхонаи миллї, иншоотњои таъиноти маишии бо ин њунар орододашуда ба устоњои гулдаст майдони васеъ кушода шуд. Баъд аз ин нахустин маротиба бо њунари кандакории устоњои тољик соли 2009-ум, ваќте собиќ Раиси вилояти Суѓд, мўњтарам Ќоњир Расулзода баъди баргузории љашнњои мўътабари кишвар нахуст бањри бинокорон барои зањматњои босамарашон, сипас барои журналистон, љињати инъикоси пурраву њамаљонибаи омодагињо ба љашн ва таљ-

теъдоди баланд сохта шудааст. Дар сањни боѓ, дар катњои чўбини пурнаќшунигори миллї, лаби кўле, ки дар оби зулолаш ќувони сафед шино доштанд, мењмонон гурўњ-гурўњ љойгир гашта. Булбули хушилњони ѓазалсарои тољик Фарзона ѓазал мехонд… Ва он ваќт ман бори дигар ба бунёдкориву созандагї ва њунарварии мардуми кишварамон, ки бо эъљози дастон дар як мавзеи ноободу аз назарњо дурмонда чунин иншооти бузург - асари барљастаи санъати миллиро офариданд, дар атрофи он бошад, боѓистон аз анвои дарахтони мевањои шањдбори сарзаминамон бунёд карданд, имон овардам. Ва гуфтам: мо, мардуми тољик низ Ќасри венетсианї бунёд карда метавонем, балки аз он њам зеботар… Ва њамон рўзњои баргузории љашнњо дар чойхо-

Аз дафтари журналист

наи Боѓи миллї ду нафар мењмонон аз шањрњои бостонии Бухоро ва Самарќанд низ бо эњсоси шукрона изњор карда буданд, ки ин њунарњои беназири гузаштагони шарафманди тољикон мањз туфайли љањду талоши Сарвари давлати тољикон Эмомалї Рањмон эњё гаштаву такомул ёфта истодааст. Ва њамин тавр бо эњтимоми Президенти кишвар рушди њунарњои волои аљдодї дар сар то сари кишвари азизамон доман пањн кард. Дар гўшаву канори мухталифи Ватанамон иншоотњои фарњангї, маишї, иљтимої бо чунин њунари миллї оро ёфта, бунёд мешуданд. Шодравон ќиблагоњии бузургворам Неъматљон ба љуз фаъолият дар Бонки давлатии мамлакат дар фурсатњои фориѓ аз кори давлат бо њунари мусаввирї, наќќошї машѓул мешуданд. Дар њавлињои аксар њамсояњо ва сокинони мањаллањои шањрамон эъљози дастони пурњунарашон наќш шуда буд. Аслан аз азал ањли мањаллаи Раззоќ, ки авлодони падарам он љо зист доштанд, дар љодаи њунармандї беназиранд. Њар лањзаи умри худро босамар мегузаронанд. Ќариб аксари сокинон косиб. Карбосбоф, атласу шоњибоф. Ба ќавле, аз њафтранги тирукамони рўди Сир наќш бардоштаанду онро ба тору пуди матои атлас љой кардаанд. Падарам бачаи сездањ-чањордањсола будаанду шодравон бобоям Абдумўъмин ба шогирдии устои наќќош додаанд. Дар он љо аз њунарманди санъати тасвирї эъљози њунар, сирру асрори пешаи мусаввирї, тарзњои тайёр кардани рангњо, аз њама асосиаш кори нозуктарини наќќошї - кор бо мўќаламро ёд гирифтаанд. Падарам тамоми умр дар љодаи рушди ин њунарњо зањмат кашиданд ва ин њунари авлодиро ба фарзандону наберагон низ ёд доданд. Бародаронам ва писарони онњо низ бо ин њунар машѓул шуда ва дар ин замон, ки бо ибтикори Сарвари мамлакат роњи васеъ бањри равнаќу такомули онњо боз гашт, дар бунёду ороиши иншоотњои гуногун сањм гузошта, мањорату малакаашон сайќал ёфт. Наќши дастони Носирљон, хатмкардаи факултаи рассомии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров ва Академияи рассомии назди донишгоњ дар Ќасри «Арбоб»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров, Маљмааи Исмоили Сомонии хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шањри Хуљанд гузошта шудааст. Наимљон, хатмкардаи Коллељи санъати шањри Хуљанд ва Академияи рассомї бошад, бо њунари дастони худ натанњо иншоотњои азими ќаламрави вилоят, балки мамлакатро оро дода истодааст. Дар Кохи «Сомон»-и пойтахти кишварамон дар ороиши толори тиллокорї, бо истифода аз ашёи

хоми «сусальное золото», ки аз мулки Олмон оварда шудааст, наќши дастонашро гузошт. Ин кохи дар шукўњу љалолу шањомат нотакрорро рўзњои баргузории љаласањои сарони давлатњои узви Созмони Њамкории Шанхай - ШОС мушоњида менамудам, ки тамоми мењмонони аз мамолики хориљаи дуру наздик омада наззора карда, ба деворњои толор, наќшњои саќф, ба њунари дастони халќи тољик чигуна мафтун ва ќоил гашта, дида медўхтанд. Њамон шабу рўзи сохтмони ин кох Наимљон, як нафар сохтмончии оддии ин иншоот бештар аз панљ њазор адад вассачўбро дар шањри Хуљанд тайёр кард ва ба пойтахт бурд. Њамчунин, наќши дастони Наимљон дар Толори шишагии Ќасри Миллат, ороиши наќшу нигори Кохи

«Наврўз»-и шањри Душанбе, маљлисгоњи Њукуматї ва толори ќабули мењмонони расмї дар дараи Варзоб боќист. Рўзњои 16-19-уми сентябри соли 2015 дар пойтахти мамлакатамон шањри Душанбе Фестивали байналмилалии синамо «ТЭФИ-2015» доир гардиду мењмонони ин чорабинии муњимро дар Кохи «Наврўз» пазирої карданд. Яке аз мењмонон аз кишвари Федератсияи Русия, наттоќи маъруфи Шабакаи телевизионии «ОРТ», Њунарпешаи мардумии Федератсияи Русия Татяна Веденеева дар мусоњиба бо хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Тољикистон таассуроти хешро изњор дошта, гуфт: - Ба ин Ќасри бошукўњ ворид гардида, худро њамчун инсони хушбахте эњсос намудам, ки ба дидани

Õèçìàò áà Ìå³àí øàðàô àñò!

НАХУСТПОДПОЛКОВНИК АЗ ХОЉАИ АЪЛО

Хабари ба рутбаи подполковникї мушарраф гардидани Холмуњаммад Неъматов (дар њуљљатњо Ниматов Холмуњаммад Наљмиддинович) миёни кормандони Љамоати дењоти Чоркўњ барќосо пањн гардид. Ў аз соли 2014 фармондењи Ќисми низомии 14356 «В»-ро шарафмандона бар дўш дорад. Оиладор соњиби се фарзанд. «-Чоркўњињо бо њар як фарзанди номбарÁà³îè óñòîäîí âà ä¢ñòîí дорашон њаќќонї мефахранд. Имрўз хурду Раиси Љамоати дењоти Чоркўњ, вакили калон номи Холмуњаммадро бо эњтирому Маљлиси вилоят Бадриддин Шарофов ифтихор ба забон мегиранд ва њамагон эъаввалин шуда, хурсандии хешро иброз тироф мекунанд, ки ў мањз ба туфайли донамуд: нишу заковати хеш ба ин мартаба -Дар Хољаи Аъло шумораи афсарон хеле расидааст». зиёданд. Дањњо дўстону шогирдони ман рутЗабони модариро, ки дар олам, бањои майорї ва капитанї доранд, ки ман аз Чу шири модарон поку зулол аст. њамаи онњо ифтихор мекунам. Вале, дар 32Касеяш пок дорад пок бошад, солагї рутбаи подполковникиро соњиб шуЊамон фарзанд фарзанди њалол аст. дани Холмуњаммад Неъматов маро ончунон «-Барои ман умдатарин хислати Холмуба ваљд овардааст, ки алъон ба сухан ифода њаммад ин аст, ки ў забони беш аз њазорсокарда наметавонам. Бешак, аз хурсандї лаи гавњарбори моро ба њайси намунаи сарам гўё ба осмон мерасад, ки чунин шобењтарини фарњанги маънавии халќамон аъгирд ва њамдиёр дорам. лодараља эњтиром мекунад». Ањли Љамоат њар яке аз хислатњои њами« - Падар чї гуна, писар намуна»-гуфтадаи ин шахси ватандўст ба ин маънї баён анд дар урфият, ки њаќ асту рост. Бо падари доштанд: Холмуњаммад – Наљмиддин Неъматов солњо «-Дар њаќиќат Холмуњаммад бењтарин њам-корї дорем. Сухани бељо як сў истад, фазилатњои инсониро дорост. Ин љавонмард боре њам овози баланд ё муомилаи сарди дар зиндагї сарвари ботадбиру мењрубон, Наљмиддинљонро бо касе нашунидаам. Алдар рисолати бародарї мушфиќу ѓамхор, батта, аз ин хел падар бењтарин писар ба дар љодаи дўстї воќеан њам дўсти љонї аст. воя мерасад: «-Њазор рањмат ба њамаи устодон, ки «-Хуш ба њоли падару модаре, ки ХолмуХолмуњаммадро дар рўњияи инсондўстї ва њаммад барин фарзанд доранд». ватанпарастї таълиму тарбият доданд». «-Холмуњаммад замири пок дорад. Дил«-Ман шахсан Холмуњаммадро бо имонњои дардмандро бо сухани пандомез шод дорї, пурќувватї, чусту чолокї, миллатдўстї намуда, ѓаму андўњи худашро мардонавор ва мењнатќариниаш меписандам». тањаммул мекунад.

«-Љавонмардест бебањо. Аз мењани азиз ва миллати шарифи худ доимо фахр мекунад».

Ïàäàð ÷O ãóíà, ïèñàð íàìóíà Бале, Холмуњаммад дар сурату сират сад дар сад падари донишманду бузургвораш Наљмиддин Неъматовро мемонад. Ќиблагоњаш солњост, ки дар Љамоати дењоти Чоркўњ бахши танзими расму оинро сарварї менамояд. Ањли идораи љамоат на шаб бемалол хобиданду на рўз ором доштанд. Бањри ба эътидол овардани маъракањо фидоиён заруртарин корњои шахсї, рўзњои истироњат ва њатто рухсатии мењнатиашонро њам аз ёд бароварда буданд. Ягона њадафашон ба љамъият, хоса ба мардуми камбизоат кўмак кардан буду њаст. Ў худ њанўз наврас буд, вале ашки бари рухсор, чењрањои заъфарону оби чашмони тифлаконро дида, ба нафарони бадтинат нафрат мехонд ва њамзамон, аз Холиќи якто зориву илтиљо мекард, ки ба сангдилон рањму шафќат ато намояд. Оре, Парвардигори бузург ба дили Холмуњаммад њанўз аз овони тифлї накўкориро љой кардааст. Алъон низ бо тамоми њастиаш адолату њаќиќатро мепарастад. Аз соли 2014 фармондењи Ќисми низомии 14356 «В»-ро шарафмандона ба дўш дорад. Абдуллоњи АБДУЛЛОЗОДА, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон

Х

асари бењтарини санъати љањон мушарраф гардидам. Бори дигар ба он эътимод намудам, ки тољикон халќи њунарманди асилу гулдастанд. Њар инсон, ки ба дунё меояд ва ба ќадри худ чун инсон мерасад, бояд дар чунин муњит, дар оѓўши зебоињо умр ба сар барад. Ин ќаср намунаи барљастаи санъати миллї аст. Ман аз ин боргоњи санъату фарњанг эњсос кардам, ки мардуми тољик хеле зебоипараст ва офарандаи зебоињост… Суханони ўро мешунидаму эњсос менамудам, њунарпеша айнан дар рўњияе ќарор дошт, ки дар ќалби ман њини тамошои Ќасри фарњангии Венетсия бедор гашта буд. Беихтиёр дар умќи дилам њисси ифтихор аз мардуми шарифи диёрамон љўш зад, аз эъљози њунари дастони он љавонмардони оддии либоси корипўшида, ки дар њавои гармову сармо зери офтоби сўзону бориши борон бо дили гарм бањри ободии Ватан сањм мегиранд. Њамчунин, аз ањли хонадони ќиблагоњиам ифтихор намудам, ки туфайли њунари беназири он кас имрўз пайвандон низ соњибњунаранду дар рушду сайќали њунарњои миллї сањм мегиранд. Ин кохњои бегазанд, ин асарњои безаволу беназири санъати миллї, мањз туфайли дастгирї, арљгузорї нисбат ба арзишњои миллиамон аз љониби Президенти мамлакат ќомат афрохтанд ва зебу зинати пойтахти мамлакати азизамон, ороиши шањру навоњии кишвар гардиданд. Имрўз њар сокини кишварамон метавонад, дар ин кохњои фарњангї, ки бо дастони мардуми оддї, вале шарафманди диёрамон бунёд ёфтаанд, дар чорабинињо ширкат кунаду аз эъљози њунари халќамон бањра барад. Оѓози соли равон, њини мулоќот бо ањли зиёи кишвар Президенти мамлакат ба ањли зиё, бахусус нависандагону адибон рў оварда гуфтанд, бояд аз зањмати бошарафонаи бунёдкорон, ононе, ки бањри ободии кишвар фидокорињо мекунанд, бештар асарњо эљод гарданд. Оре, ин тоифа, њунармандони асил ба њамагуна тањсину ситоиш арзандаанд. Онон соњиби ќалби мисоли оби чашмасор поку мусаффо ва беѓуборанд. Онон аз пайи дебои зебо намераванд, њатто бањри

худ аз пайи ѓизои кофї низ нестанд… Абераи бистушашуми ќиблагоњии бузургворам ба дунё омад, яъне писари хурдии бародари миёнаам – Наимљон писарчадор шуду ба ин муносибат ањли хонадони падарам - шаш нафар фарзандашон бо ањли оилањояшон дар сари дастархони пурнозу неъмат љамъ омадем. Хоњарбузургам, ки кунун бањри мо ба љои модар аст, дасти дуо бардошт, ки мењмони нав идомабахши авлоди бузурги падару бобоёнамон бошад, бо мењнати њалол рўзї ёбаду касбу њунари авлодиро бошарафона давом дињад… Рафоат МЎЪМИНОВА

¯îìåà âà çàìîí

алќ мегўяд: «Намак хўру ба намакдон туф макун». Худованд њамаашро дида истодаасту ба кўрнамакон бо тезї љазояшонро медињад. Бигзор, мардуми озоди Тољикистон кишвари худро ободу озод сохта, дар ќалбашон бадбинї ба дини Ислом љой нагирад. Ба аќидањои беасоси худ њолатњое буданд, аз дини мубини Ислом бехабарон оид ба риш мондан, тасбењ гардонидан дар кўчаю дохили шањр, њиљоб кардан, намози занњо дар масљидњоро љорї кардан мехостанд, ки ин амалњою маќсадњои ѓаразнокашон дар љомеаи озоду демократї ва дунявии мо њаргиз ќобили ќабул нест.

ÐÈÑÎËÀÒÈ ÌÎ: ÒÀÐÁÈßÈ ÀÕËÎ£È ²ÀÌÈÄÀ

Зинда ба зинда гўр кардани 150 нафар занону духтарон барои ба никоњи љињодї надаромадан, сўзонидани 45 нафар љавонон, ќатли 13 нафар наврас, ки футболро тамошо кардаанд, ќатли 60 њазор мусулмонон аз тарафи ДИИШ ин њама амалњои љоњилона ва разилона буданд. Ба сари сарбозони кушташуда футболбозї кардан - ин вањшоният ба кадом ќонуну ќоидаи Исломї рост меояд? Имрўзњо нерўъњо ва саркардагони љангљўи мазњабї бо номи Ислом дар мамлакатњои Шарќ баромад карда, оид ба аќидањои инсондўстона ва адолатпарварона ва сулњхоњонаву башардўстонаи дини Ислом ва Ќуръони маљидро нодида гирифта, мардуми мусулмонро ба љурми мисли онњо ришу тасбењ надоранд, мисли онњо либос намепўшанд ё мисли онњо давлати исломиро намепарастанд, сар мебуранд ва дар оташ месўзонанду њангоми иљрои ин ќатлу вањшониятњои гўшношунида «Аллоњу Акбар» мегўянд, ки Худованд ин амалњои нангини онњоро дар Ќуръони шариф сахт мазаммат карда, љояшонро дўзах нишон додааст. Онњо бояд фаромўш накунанд, ки мўъмин бародари мўъмин буда, «Њељ як мусулмон аз дасту забони мусулмони дигар озор надиданаш лозим аст». Нотавонбинони даврони озод, барои ободии кишварамон давоми 24-соли Истиќлолияти

давлатии Љумњурии Тољикистон кадом корњои неку созандагиро ба иљро расондаанд? Дар расонањои ахбори умум хабаре нахондаву нашунидаем, ки ин нохалафон барои тараќќиёту зебову обод шудани љомеаи озоди Тољикистон ягон амали хайреро ба иљро расонида бошанд. Дар ягон марзи дурдасти љумњурї дабистоне, кўдакистоне, ятимхонае, табобатгоње сохта, ба истифода надодаанд, ки мардуми кишвар ба онњо эътиќод пайдо кунанд. Президенти мамлакат, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъкид менамоянд, ки: «Давлати Тољикистон пеши роњи њамагуна људоихоњон ва тафриќаангезонро ќотеъона мегирад». Ман њамчун омўзгор, ки нерўи зењнї ва донишу мањорати касбиамро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаам, њамагуна амалњои ифротгароён ва таќлидкорони бесаводро мањкум менамоям. Шукрона аз давлати соњибистиќлоли Тољикистон - Ватани азизамон намудан барои ман ва њамкасбонам боиси сарафрозист ва неъмати пурганљ мебошад. Мо бо дасту дили пок тарбияи ахлоќи њамидаро бар љавонон тањким мебахшем. Робияхон СУЛАЙМОНОВА, омўзгори МТМУ №26 ба номи А.Шукўњї, ноњияи Бобољон F афуров


²à¥è¥àòè Ñó˜ä

Шанбе, 5 декабри соли 2015

ÍÀØÐÈ ÍÀÂÈÍÈ ÄÅÂÎÍÈ ÍÀ£ÈÁÕÎÍ ÒÓFÐÀË Бо дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд, шахсан Раиси вилоят, мўњтарам Абдурањмон Ќодирї тавассути нашриёти «Хуросон Медиа»-и шањри Хуљанд «Девон»-и нисбатан мукаммали ашъори шоири маъруф ва суханвари мумтози нимаи дувуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ Наќибхон Туѓрали Ањрорї бо тасњењ, тавзењот ва пешгуфтори шоир ва муњаќќиќи тољик Нуралї Нурзод бо хати форсї ва сирилик рўйи чоп омад. Девон бар асоси нусхаи чопи сангии соли 1916 дар Бухоро интишорёфта ва муќобала бо нашрњои охир тасњењ гардида, њовии 331 ѓазал, 11 ќасида ба шумули “Фироќнома” (дар љавоби “Фироќнома” – и Анварї ва Њољуи Кирмонї), 12 мухаммас, 5 мусаддас, 1 мусамман, “Соќинома”, “Наврўзнома”, чанд маснавии кўтоњ, ки бо номи «Арза” омадаанд, њамчунин маснавии нотамоми “Лайлї ва Маљнун”, 9 рубої мебо-

Эй фалак, дод аз љафоят, дар чї њолам кардаї?! Рост будам чун алиф, монанди долам кардаї. Охир, эй гардун, задї санги маломат бар сарам, Зери пои бешуурон поймолам кардаї! Аз чї рў, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод! Ќуръаи беэътиборињо ба фолам кардаї? Аз ту, эй Ноњид, гуфторам навои тоза дошт, В-аз њасад, эй чарх, чун Яъќуб лолам кардаї. Оќибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун, Аз чї дар рўзи азал ќисмат камолам кардаї?! Эй сипењри бемурувват, ин кадомин шева аст?! Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардаї! Буд дар ойинаи ман акси сад маънї дучор, Занги ѓам бар рўи миръоти хаёлам кардаї! Рўзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол Хуни њасрат, эй фалак, охир наволам кардаї. Њамдамонам нокасони ѓўлу аз дониш тињї, Сўњбати донишварон амри муњолам кардаї! Дар њавои мўшикофї Туѓралам пар мезанад, То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаї!

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Биё, духтарам, биё! Пеш аз он, ки аз болои аспи орзуву ормонњои некат, таманноњои 18 сол дар дили поку беолоиши душизагиат парварида поён фарої, нахуст ин шарбатро бинўш. Бигузор, њаёту зиндагии пас аз ин даќиќањо дар њавлии мо оѓоз меёфтаат то нафасњои вопасин шањдбору ширин бошад. Акнун поён фарову пои муборакат ба остонаи њавлиям нењ. Илоњо нахустќадамњоят дар ин њавлии файзбор сурури бештар оварад.

ÒÓ, ÔÀÐÇÀÍÄÈ ÕÎÍÀÄÎÍD... Руљўи лирикї

Сурмасон дар ањди чашмаш баста паймон нолаам

Барнамеояд бурун аз сина осон нолаам, Сурмасон дар ањди чашмаш баста паймон нолаам. Аз ту, эй шўри љунун, сози дигар дорам њавас, То шавад аз пардаи хомўшї урён нолаам. Он ќадар дар миљмари доѓи адаб ахгар шудам, Дар назар ояд туро шамъи шабистон нолаам. Нест холї бо њама таъљил аз пайѓоми васл, Мерасад аз кўи ў барчидадомон нолаам. Дар хаёли зулфи ў ин аст гар сомони ман, То куљо хоњад шудан, ё Раб, парешон нолаам?! Муштарї, хоњї ту гар љинс аз дўкони эътибор, Ќимати бисёр дорад, нест арзон нолаам! Хонаи сабрам субботе дошт аз дидори ў, Ќасри тамкинам кунад имрўз вайрон нолаам. Њар касе бори амонатро ба љое менињад, Бишнавї, њар гањ гузаштї аз найистон, нолаам. Гашта аз бори фироќаш дўши ман њамчун камон, Оњи ман имрўз чун тир аст, пайкон нолаам! Њаббазо, Туѓрал, ки мегўяд мањи ављи сухан: «Баъд аз ин њам нўњ фалак гўест, чавгон нолаам!»

3

Ñîëè 2015 - “Ñîëè îèëà”

ÌóàððèôO

шад. Тавре аз муќаддимаи «Девон» бармеояд, он бар асоси тартиби тањияи Девони чопи сангии соли 1916 мураттаб гардида, зимнан вобаста ба суннати тањияи девонњо дар гузашта ѓазалиёти дар ин нашр мављуд набуда бо муќобала аз нашрњои дигар ворид карда шудааст. Њамзамон, фарќияти нашрњои анљомёфта аз девон дар муќобала бо чопи сангии он дар тавзењот таъкид гардидааст. Нашри мазкури Девон дар арафаи ифтитоњи маљмааи фарњангии Наќибхон Туѓрал дар ноњияи Айнї ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчун рамзи эњтироми меросбарону ворисони асили Туѓрали Ањрорї аз љониби набераи шоир Саидбурњон Икромов таќдим гардид. Дар зер ду ѓазал аз девони Туѓрал манзури хонанда мешавад. Ромизи АБДУЛЛОЊ

Эй фалак, дод аз љафоят, дар чї њолам кардаї?!

№ 146 (17515)

Духтари мењрубонам! Ту акнун фарзанд ва љонпайванди хонадони ман њастї. Сар боло бардору ба атроф назар андоз. Инњо њама фарзандону наберагон, хоњару бародарон, наздикон ва хешу таборони ман њастанд, ки бо гулборону мављи раќс, суруду мусиќї туро, фарзанди наву хушиќболи хонадонро истиќбол мегиранд. Оне, ки рў ба рўят мебинї, зављаи ман аст. Бирав ва аз рўи мењру вафо, ихлосу сипоси минбаъдаву поянда салом арзонї дор, ба оѓўш гиру эњтиромаш ба љо овар. Зеро муттакою мадорои минбаъда, маслињатгару мушфиќи ту дар ин хонадон њамин зан аст. Ашки чашмонатро пок соз. Мебинам, ки људоии рўзњои нахуст аз падару модар, бародару хоњараки ягонаат барои ту хеле гаронї мекунад. Лек, зиндагї њамин аст. Мо њам падару модари маънавии ту њастем ва фарзандони ман хоњару бародарони ту мешаванд. Имрўз, ки бо ёри мењрубон ва њамнафасат оилаи нав барпо месозї, таманно дорам, дар оянда фарзандони хуршедсимову мањтоблиќо ба олам оварї ва дар ин њавлии љаннатсимо соњиби арзанда гардї. Лањзае маро гўш дор, духтари ба љон баробарам! Ин пиразани хамидаќомате, ки мебинї, сарсутуни хонадон, модари дилбанди ман њастанд. Зане, ки маро ба дунё оварда, парваришу тарбият кардаанд. Ман бо аллаи љонофарини ин олињаи бемисл бехабар аз шўру ѓавѓои олам кўдакиамро паси сар карда, бо гирифтани домони покаш роњрав шудаам. Умри бобаракату панљањои дар гузашта њунарпарвар, афсонањо, ќис-

сањо ва шеъру сурудњои ба фарзандон хондаашон маро шоиру носир кардааст. Њамаи одобу ахлоќи њамида, илму дониш ва фарњанги доштаам натиљаи мењнати панљоњсолаи ин зани фариштасимост. То кунун маслињатгару мушкилкушои хонадони мо мебошанд. Гарчанде бори њаштод соли зиндагї ќомати замоне чун сарв баланду росташонро хам кардаву гарди осиёби ќисмат бар мўяшон фаромада ва симои мањтобиашон пурожанг метобад, лек босаводтарин зани дења њастанд. Њоло њам бароямон ќиссаву афсонагўянд. Биё, духтарам! Аз зери садои карнаю доира ва ёр - ёри њофизони хушcадо гузашта, пой ба остонаи хонаи чашм кушода дидаат нењ! Туро ин љо бо «Саломнома» хонии Муњаммадї истиќбол мегиранд ва бароят дар пешгоњи хона њамчун маликаи шаби љамшедї љой густурдаанд. Лањзае таваќќуф намо, духтари азизам! Пеш аз он ки ба хонаи бахтат гусел кунам, мехоњам чанд насињат бароят арзонї

дошта бошам. Хуб дар ёд дорам, ки ваќти хонадоршавї падари бузургворам (илоњо рўњашон шод бошад) айнан ба зављаам, арўси нахустини хонадони мо ин насињатњоро гуфта буданд: Акнун ки бо писари ман зану шавњар њастед, якдигарро њурмату эњтиром намоед. Бори зиндагии осоиштаро баробар кашед. Шумо дар њолати ба якдигар доштани лутфу њурмат ба осонї метавонед, ки азизи дидаи њар як узви хонадон гардед. Мушкилоти дар оянда пайдо шударо нахуст ба аќлу заковати хеш баркашида, баъд хулоса бароред. Гузаштагони барўманд гуфтаанд, ки «њафт бор чен куну як бор бур»! Агар роњи њалли ягон мушкилотро наёбї, шарм надошта, аз хушдоманат пурс. Гузашта аз ин вай зани њалиму хоксор ва њунарманд буда, дар духтудўз ва хўрокпазї њамто надорад. Дар лањзањои душвор ва дармондагї њатман ба кўмакат мерасад. Ман њам пайваста ба Шумо дасти мададу маслињат дароз менамоям. Мавлавии Балхї дар ин маврид хеле хуб гуфтаанд: Њељ кас аз пеши худ чизе нашуд, Њељ оњан ханљари тезе нашуд. Њељ Мавлоно нашуд Мавлои Рум, То муриди Шамси Табрезї нашуд. Шурўъ аз њамин рўз ту низ фарзанди хонадони ман њастї. Ману зављаам ва шавњари мењрубонат ба донишомўзии минбаъдаат халал намерасонем. Бештар хону омўз. Ба дарсњои устодон бо тайёрии пухтаву њаматарафа њозир шав. Зеро маълумот шахсро обрўманду бофарњанг ва аз сиёсат бохабар мегардонад. Бисёр гўш кардану кам сухан гуфтан ва дар њолати зарурї ба сўњбат њамроњ гаштанро биёмўз. Кўшиш намо сирри хонадон ва оилаатро берун набарорї. Ашхоси гапчин худро чун дўсти наздик нишон дода, як суханатро рангу тобиши манфї бахшида, дар нињоят туро беобрў ва мулзам месозанд, ки ин њам бинои орзу ва ормонњоятро фурў мерезонад. Фикру аќида ва суханони дигар занон ва дугонањоятро ба хона наовар. Акнун бирав, духтарам, сўи хонаи бахтат, орзуву омолњои некат. Парвардигор мададгорат бошаду илоњо соњиби фарзандони нек гардед. Омин. Мазбут Бобозодаи НОСИРПУР

Валиљон АКБАРЇ

ÃÓËØÀÍÈ ÀÐÌÎÍ Тољикистон гулшану уммеду армони ман аст, Чун Бухоро тахтгоњи Оли Сомони ман аст. Љонфидое мисли Рустам дар рањи њифзаш манам, Мењраш андар синаам тимсоли имони ман аст. Дардњояшро даво бахшам ба доруи хирад, Њар нафас бо сустимонњош исёни ман аст. Ќасди ман аз љонфишонї рушди Мењан буду њаст. Хўрдагиронро њамин исботу бурњони ман аст. Хоки зарбахши варо чун тољ бар сар менињам, Бас њаменозам, ки ѓамхору саробони ман аст. Метапам то зиндаам андар бараш монанди дил, Ин Ватан мероси аљдоди ману они ман аст. Њаст “Бисмиллоњ” зиннатбахши њарфу лафзи ман. Мадњи кишвар сархату туѓрои девони ман аст. Эй ки мегўї: - хушоянд аст шеърат, Акбарї, Шеъри ман, ин љони ман, фарёди виљдони ман аст.

²à¿âèÿ

Мўњсин АМИНЗОДА

ОШИКОНИ ДЕВОРИ Дар сутунњову дару деворњои кўчањо, Бо забони тољикию русї, Њатто ингилисї «Ошиќон»-и навхати «шабзиндадор», Бо хати хонову нохоно, аљаб Мекунанд изњори ишќу ошиќї бар дилбарон, Гўиё бо ормон. Бо њазорон рангу бе ранги хаёл, Менависанд; «Дўст медорам туро» ё «Бањри ман яктои ту» ё «Бе ту њоли ман бад аст»-у њоказо. Fайратам ояд ба ин «Маљнун»-у ин «Фарњод»-њо. Ишќ бозї нест-нест. Ишќ рози дил бувад, Ишќро танњо ба дил манзил бувад. Нест њаргиз ошиќї Рози худ ифшо намудан дар тани деворњо, Дар сутуни кўчаву бозорњо. Балки мисли Кўњкан, Кўњи ѓам бар дўши дил бояд кашид. Ё чу Маљнун, Аз камоли њасрату дарду фироќ, Хешро њар дам задан бар дашту њомун. Ё, ки Турсунзодавор, Рў ба рўи ёри худ сад бор гуфтан; «Ман ѓуломат, ман ѓуломат, ман ѓуломат, Ман фидои як саломат, як каломат». Ё сабаќ бигрифтан аз устод Лоиќ, Ишќро «субњи саодат» гуфтааст, «Ошиќї эњсоси бахшишњои ќисмат», гуфтааст. Ишќ охир хуни дил хўрдан бувад, Зистан як бору аммо борњо мурдан бувад. Ишќ пеши пои ёр афтодан аст, На тани девор «оро» додан аст. Боз сайри кўча дорам, Бо умеди лањзае оромиши љону тану дил. Лек чун афтад нигоњам, Боз бар «изњори ишќу ошиќї», Дар тани деворњо, Мехўрам афсўс, Гоње ханда меояд маро, Бар шумо, эй «ошиќон»-и бењарорат, Бар шумо эй «ошиќон»-и бељасорат.

Рўзи истироњат хостам либос шўям. Бо ин маќсад сатили пури обро сўйи оташдон бурдам, то дар дохили дег обро гарм кунам. Лек дег дар љояш набуд. Гирду атрофро аз назар гузарондам, вале нишоне аз деги љомашўйї наёфтам. Ин лањза њамсоязан Њољар-хола даромада омад:

ЊАМСОЯ БА ЊАЌЌИ

ХУДО БАРОБАР...

-Деги љомашўйиатон дар хонаи ман. Дирўз духтарча омада буд, як либосшўйї кунем, гуфта гирифта будам, - гуфт ў гўё аз њолати ман пай бурда. -Хайр, њељ гап не, - гуфтам ва ўро таклифи ба хона даромадан кардам. -Не, Гулрўљон, намедароям. Лекин як чиз даркор, духтарам. Ба ман њамон тешаатонро медодед, — ба тешаи дар зери кат намудор ишора кард ў, - баъдтар бармегардонам. -Хуб, - гўён тешаро аз зери кат гирифта, ба Њољар-хола дароз намудам. - Дегатонро агар лозим бошад, худи њозир писарчаам оварда медињад, - гўён њамсоязан аз дар берун шуд. Лањзае нагузашта писарчааш дегро гирифта оварду иброз дошт, - апаљон сабзї дошта бошед,

2-3 дона медодаед. Дадаам аз бозор оранд, бармегардонем. Њанўз писарчаи Њољар - холаро нагуселонда, духтараш Ањдия вориди њавлї гашт: -Апаљон, - ў саросема њарф мезад, њамин кафшатон зиёдатї - мї? — ба кафши дар болои зинапояи пешайвон буда ишора намуд ў. -Ња - ю лекин… - гуфтанамро медонам, Ањдия дар як он кафши хонапўшакамро њам гирифта, аз дарвоза берун шуд. Садояш аз кўча ба гўш мерасид: «баъдтар меорам!». Додарчааш дар ду даст сабзї аз ќафои ў метохт. Баъди гусели њамсояњо дарвозаро пўшида, як нафаси сабук кашидам. Ин дам овозе аз он тарафи девор ба гўшам расид. Нигоњ кунам Њољар - хола аз сари девор сар

боло карда, маро љеѓ мезанад. Наздаш шитофтам. - Гулрўљон, духтарам, медонам, ки ту, албатта нохунгирак дорї. Њамонро як боракак аз сари њамин девор дароз мекардї. Чї њам мегуфтам? Маќоли «Њамсоя ба њаќќи Худо баробар» ба ёдам расиду аз паи иљрои «супориши нав» ба хона даромадам ва зуд нохунгиракро њам ба Њољар-хола расондам. Худ вориди хона гаштаву меандешидам: бо умеди рўзгори њамсоя њам зистан мумкин будааст - ку. «Талбандагї» њам њунар асту дар ин роњ худи ман бењунарам. Ин лањза нигоњам аз тиреза ба берун афтод. Њамсоязанро дар рўйи њавлї дида, берун баромадам. -Чаро овозатон намебарояд? — гилагузорї намуд ў. — Чанд маротиба љеѓ задам «ња» нагуфтед?! - Бубахшед, нашунида мондам…--бе он ки акнун лаб ба сухан во карда будам, худи ў пешдастї намуд: - Нигоњ кунам, њамин оби ќубуратон њам бекор мерезад. Бо шиланг онро ба боѓам рост кардам, - гуфт ў ва илова намуд: Гулрўљон, як боракак њамин љорўбатонро њам гирифта барам - мї? Хонаро рўфта, баъд бармегардонам. - Хайр майлаш… - гуфтам чун одат.

ÈÌÒȲÎÍ Зиндагї бо хулќу некў дилситонї буду њаст, Гоњи андўњу риёзат сахтљонї буду њаст. Дил зи гирдоби тааммул як нафас берун нашуд, Ин сифат ўро ќазои осмонї буду њаст. Вусъатободи тафаккур љўяму њусни сухан, Бењтарин шуѓле, ки дорам, хомаронї буду њаст. Аз сабо пинњон ба гўши сабзае мегуфт нур: -Рози байни дўстон ганљи нињонї буду њаст. Кўњначархе садњазорон теѓро тезї дињад, Панди пирон сайќали умри љавонї буду њаст. Нангам ояд аз камону тир, гарчи афсарам, Оламе доманкаши дасти камоне буду њаст. Эй ки маѓрури худї, аз хоксорон рў матоб, Ризќашон аз хоку марзи дењќонї буду њаст. Гарчи чандин шохањои ормон бишкастаам, Љони ошиќпешаам боз ормонї буду њаст. Аз њазор олимтароши давр пеши оќилон, Соњибиззат як фаќири нуктадоне буду њаст. Имтињон бањри касон њар ранг зоњир мешавад, Имтињон Меъмори моро зиндагонї буду њаст.

Фарангиси АЊМАД

Êèòîáè¸ò

« Декани факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон, профессор Умеда Ѓаффорова дар миќёси љумњурї ва берун аз он чун яке аз донандагон ва муњаќќиќони мумтози забон ва адабиёти араб шинохта шудааст. Дирўз нашриёти «Ношир» - и шањри Хуљанд китоби нави ин олимаро бо номи «Робитањои адабии Арабу Аљам» (Хуљанд – 2015, 363

» сањифа) бо сифати аъло аз чоп баровард. Китоб мазмунан аз панљ ќисм иборат буда, онњо чунин номгузорї шудаанд: «Арабшиносї ва робитањои адабии Арабу Аљам», «Тафсир ва адабиёт», «Наќди адабї», «Дар сўњбати соњибназарон», «Аз Машриќ то Маѓриб». Дар навбати худ њар яке аз ин ќисмњо аз 3 то 19 маќоларо дарбар гирифта, ба мавзўъњои гуногуни забон ва адабиёт бахшида шудаанд. Махсусан, маќолањои ба достони «Юсуф

ва Зулайхо» - и Абдурањмони Љомї, «Рисолаи футувватия» - и Мир Саид Алии Њамадонї, «Маљолиси сабъа» ва «Маснавии маънавї»-и Љалолуддини Румї, њаёт ва эљодиёти Камоли Хуљандї бахшидашуда басо љолиб буда, хонандаро ба нуктањои нав ба нави эљодиёти ин адибон шинос менамояд. Ќисмњои «Дар сўњбати соњибназарон» ва «Аз Машриќ то Маѓриб» тарљумаињолї ва ёддоштї буда, аз сафарњо ва вохўрињои ин олимаи

соњибистеъдод бо адибон ва шахсиятњои бузург наќл мекунанд. Умуман, ин китоб аз тозакорињои Умеда Ѓаффорова дар соњаи адабиётшиносї дарак медињад ва барои дўстдорони адабиёт тўњфаи хубест. Муќимшех АЛИШЕХОВ, АЛИШЕХОВ, донишљўи факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров


²à¥è¥àòè Ñó˜ä

Шанбе, 5 декабри соли 2015

№ 146 (17515)

“Соли рушди фарњанг”

Íîìàè ìå³ð

Њунарпешагони театри мардумии ноњияи Ѓончї ба муносибати “Соли рушди фарњанг” асари сањнавии драматургњо Саидамин Љило ва Ориф Набиевро ба сањна гузоштанд. Коргардон Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон Саидлуќмон Ѓаниев њангоми ба сањнагузории асар аз истеъдодњои нав бештар истифода бурд ва дар як ваќт дар наќши асосї худи ў рўи сањна омад.

СÇÍÎÌÀÍÈÃÎÐÈ ÕÓØÇÅ²Í ÂÀ ÈÍÑÎÍÈ ÀÄÀÁÏÀÐÂÀÐ

ÍÀÌÎÈØÍÎÌÀÈ “ÌȨÍÀÐÀ” äàð Fîí÷O Мавзўи «Миёнарав» нишон додани дарди љомеа, њамчунин фошсозии амалњои носавобро дарбар мегирад. Дар ин бобат њаваскорони санъат Абдурањим Ќаюмов, Сайрулло Носиров, Шањло Файзуллоева, Љамшед Зоиров истеъдоди хешро бо мукаммалиаш нишон дода тавонистанд. Истеъдоди ањли њунар ва ороиши сањна, мусиќї мувофиќи мазмуни асар буд, ки ин дар баромади яке аз муаллифони он, шоир Саидамин Љило ќайд гардид. Асари мазкур барои иштирок дар озмуни вилоятии театрњои халќї пешнињод гардид. Эгамназар СОЊИБНАЗАРОВ

Созмони вилояти суғдии Иттифоќи журналистони Тољикистон Шуморо, мўњтарам Муњаммадљон Абирї (Юсуфов) ба муносибати њаштодсолагии мавлудатон табрику тањният менамояд. Рўзноманигорони вилояти Суғд бо Шумо барин ќаламкашони пурмањсул, ки тамоми дониш, ќобилият ва нерўи зењнии хешро бањри рушди журналистикаи тољик масраф кардаанд, ифтихор менамояд. Зиндагиномаи Шумо барои кулли журналистони нафаќат вилоят, балки љумњурї намунаи ибрат аст. Ќариб панљоњ сол дар Идораи рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» (Њаќиќати Суғд) фаъолият

дошта, аз корманди эљодї то ба дараљаи мудири шўъбаву котиби масъул расидан бароятон рисолати касбї буд. Шумо аз њаёти мардуми вилоят силсилаи очерку лавња, маќолаву гузориш иншо намуда, воќеањои сиёсї, иќтисодї, иљтимоии вилоятро воќеъбинона ќаламдод намудед, ки онњо мактаби эљодї барои љавононанд. Бештар аз 50 сол аст, ки узви Иттифоќи журналистони Тољикистон њастед ва сиёсати давлату Њукуматро њамеша љонибдорї намуда, дар пешрафти матбуоти тољик њиссаи сазовор мегузоред. Раёсати журналистони вилоят њамчунин, мењнати босамари Шуморо дар тарбияи кадрњои журналистї эътироф мекунад ва иќдоми кормандони собиќадори рўзномаи вилоятиро доир ба пешбурди њаракати мураббигї дар љодаи ба камол расонидани рўзноманигорони соњибмалака маъќул мешуморад. Дар ин бобат Шумо, чун собиќадори соња, барои имрўзиёну ояндагон намунаи ибрат њастед. Љашни милоди Шумо дар рўзњое таљлил мегардад, ки кормандон ва кулли муштариёни рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суғд» 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи нашрияи бонуфузро истиќбол менамоянд. Сањми Шумо дар рушду нумўи ин љаридаи серхонанда са-

зовор ќадр карда шудааст. Унвони Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон, барандаи Љоизаи журналистони љумњурї ба номи Абулќосим Лоњутї ва Љоизаи вилоятии рўзноманигорон ба номи Њољї Содиќ, нишони «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» ва Ифтихорномаву Сипосномаи Њукумати ваќт шањодат аз он медињанд, ки «хуни љигар кам кардан» - њоятон барабас нарафтаанд. Њамкорон, муштариёни бешумор ва инсонњои адабпарвар бо китобњои «Завраќи умр», «Тањамтан», «Наќши нигин», «Бозуи идрок», «Мушовир», «Амири виљдон» ва «Сарандеб», ки солиёни тўлонї ба нашр расондаед, ошно гашта, аз њикмати зиндагї бањра бардоштаанд. Навиштањоятон ба насли имрўз ва фардоиён чун рањнамо хизмат хоњанд кард. Раёсати созмони журналистони вилоят Шуморо, устоди гиромиќадр Муњаммадљон Абирї бо фарорасии 80-солагиатон шодбош гуфта, зиндагии пурфайз ва давлати пирии бегазанд орзу дорад. Раёсати созмони вилоятии Иттифоќи журналистони Тољикистон Ба ин табрикот ањли ќалами рўзномаи "Њаќиќати Суѓд" низ шариканд.

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

4

Ìàñëè³àòè äóõòóð Зардпарвин – ин бемории сироятї буда, барангезандаи вирус мебошад. Вируси зардпарвин танњо ба организми инсон зараровар аст, ки дар натиљаи он љигари одам осеб меёбад. Беморшавї дар байни кўдакони то 6сола зиёдтар аст. Яъне 70-80 фоизро ташкил медињад. Манбаи асосї сироятии шахси гирифтори бемории зардпарвин буда, аз организми худ вируси зардпарвинро ба берун хориљ мекунад. Сироятёбии шахси солим асосан ба воситаи ашёњои рўзѓор ба монанди пиёла, коса, ќошуќ ва ѓайра, ки аз он шахси гирифтори зардпарвин истифода бурдааст, њангоми истифода аз онњо мегузарад, яъне ба воситаи дањон. Аз мавриди дохил шудани вируси зардпарвин ба организми инсон то пайдошавии аломатњои аввалини беморї 3-4 њафта мегузарад. Шахси бемор сараввал бемадорї, сустии иштињо, дилбењузурї, дарди шикам, баландшавии њарорати бадан то 37-38oС, дар баъзе њолатњо ќабзият ва дарунравиро њис мекунад. Баъдтар, яъне пас аз гузашти 5-7 рўз дар шахси бемор зардшавии сафедињои чашм, пўст ва зардшавии пешоб ба мушоњида мерасад. Шахсоне, ки гирифтори бемории зардпарвин шудаанд, њатман бояд дар шўъбаи амрози сироятї ба мўњлати на камтар аз 3 њафта бистарї карда шаванд. Чунки дар ин давра эњтимоли сироятёбии шахси солим аз шахси

бемор зиёдтар, зеро дар ин давра бемор аз худ ба берун вируси зардпарвинро хориљ мекунад. Бо ин усул мо метавонем шахси беморро аз шахсони солим ињота (изолятсия) намуда, пањншавии бемориро дар минтаќа кам намоем. Табобати асосии беморї парњезї мебошад. Ба шахси бемор сабзавотњои обпазкардашуда ба монанди: сабзї, картошка, шал-

ЗАРДПАРВИН ва роњњои табобати он

ѓам. Аз меваљотњо: себ, нок, ангур, банан, тарбуз лозим аст. Нўшобањои олуча, гелос, шафтолу таъин карда мешаванд. Хўрокањои парњезї: шўлаи биринљї (биринљоба), марљумакї (гречкавї) ва ѓайра таъин карда мешаванд. Бояд шахси бемор аз истеъмоли думба ва чарбуи чорво, таомњои серравѓан ба мўњлати муайян, ки духтур тавсия медињад, худдорї намояд. Шахсоне, ки гирифтори бемории зардпарвин шудаанд, бояд то барќароршавии саломатиашон ба мўњлати як сол дар назорати духтури сироятшинос ё ки духтури оилавї ќарор дошта бошанд. Фирдавс МАМАДЉОНОВ, духтури оилавии Маркази саломатии дењаи Гулшани ноњияи Ашт

Çèêðè õàéð

БА НЕКЇ МОНД БАЙНИ МО ЗИ Ў НОМ

29 октябри соли 2015 дили пурњарорати падари мењрубон, дўсти ќарин, инсони хоксору мењнатдўст Рањматљон Њасанов, дар синни 61 солагї, баъди бемории на он ќадар тўлонї аз задан бозмонд. Рањматљон Њасанов 31 августи соли 1954 дар ноњияи Бобољон Fафуров, Љамоати дењоти Ёва дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст. Баъди бомуваффаќият хатм намудани мактаби миёнаи № 31, бинобар ба техника шавќу њаваси калон доштан тањсилро дар Донишгоњи кишоварзии Тољикистон давом дода, онро соли 1977 бо ихтисоси муњандиси техникаи хољагии ќишлоќ хатм намуд. Ў фаъолияти мењнатии худро дар идораи «Селхозтехника»- и ноњия њамчун технолог оѓоз намуд. Соли 1988 ў дар вазифањои сармуњандис, сипас љонишини директори иттињодияи «Тољиктара»-и ноњияи Бобољон Fафуров фаъолият мебарад. Дар тўли 25 соли фаъолияти мењнатї ў худро њамчун инсони комил, донандаи олии касби худ

ва фарди мењнатдўст нишон дод. Ў нисбат ба њамкорон ва дўстон нињоят мењрубон буд. Мењнатњои софдилонаи Рањматљон Њасановро бо бисёр рањматномаю Ифтихорномањо ќадр намудаанд. Ташкилотчигї ва роњбарии кордон буданаш имкон доданд, ки ўро депутати ноњиявї интихоб намоянд. Ў дар давоми умри бобаракати худ ба он мекўшид, ки ба ёру дўстони худ, мањалли зисти худ, ба коргоњи худ кўмак расонад. Афсўс ки соли 2013 ба бемории ногањонї дучор шуда, ба нафаќаи маъюбї баромад ва марги беамон ин шахси хоксору њалим ва мењнатдўстро аз байни ёру дўстон, хешон ва пайвандон рабуд. Хотираи ин шахси мўътабар њељ гоњ аз хотири ёру дўстон зудуда нахоњад шуд. Рўњат шоду хонаи охиратат обод бод, дўсти азиз ва падари мењрубон, Рањматљон Њасанов! Дареѓо, рафт он марди накўном, Ба некї монд байни мо зи ў ном. Аз номи ёру дўстон Аъзамљон ва Акрамљон, пайвандони марњум

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè øà³ðè Õó¿àíä

Музоядаи №47 оид ба савдои оммавии молу мулке, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро №5/321 аз 21 августи соли 2015 аз рўи њуљљати иљровараќаи иљро №2-615 аз 18 августи соли 2015 оид ба рўёнидани маблаѓи ќарз ба андозаи 12400 сомонї аз њисоби ќарздорТўраев Хуршед ба фоидаи Авезов Ином Мамадљонович, ки ба њабс гирифта шудааст.

Музояда 14 декабри соли 2015, соати 10:00 дар бинои Суди шањри Хуљанд, утоќи кории №4 таъин карда шудааст. Суроѓа: шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, бинои №146. Телефон: (3422) 6-10-44.

Аз эътибор соќит

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњркардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодоти довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. Тасњењ: Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд хабар медињад, ки дар даъватномаи иштироки озмун №1969S/5-1092 ки дар рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» аз санаи 26 ноябри соли 2015, №142 нашр шудааст, санаи кушодани лифофањо 7 декабри соли 2015 хонда шавад.

²À£È£ÀÒÈ ÑÓFÄ Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Индекси обуна 68894

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

*Шартномаи сохтмон воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Таги Сада 132 (пештара Вансети 132), ки аз 23 ав густи соли 1957 тањти Р-З-1177 ба Муминов Домло Камолович тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эъ тибор соќит дониста шавад. *Дипломи ТС№0026613, ки соли 1997 Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, фа култети математика ба Садыкова Њафиза Мухамадисхоковна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Шиносномаи техникии манзили исисРаёсати Созмони вилояти суѓдии Иттифоќи журналистони Тољикистон ба аъзои Иттифоќњои нависандагон ва журналистони Тољикистон, сармуњаррири маљаллаи «Нилуфар» Дадохони Эгамзод нисбат ба вафоти ÏÀÄÀÐÀСÑÀØ њамдардии амиќ изњор менамояд.

Ñàðìó³àððèð Ìóõòîð ÀÁÄÓËËÎÅ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35 КВДК “ Кохи матбуот ” ошёнаи 4 - ум Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо ва эълону реклама - 2-06-55

тиќоматї воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи К.Хуљандї, хонаи №96 (пештара кўчаи Бобоходља 7, баъдтар К.Хуљандї) дар асоси ќарори комиљроияи шањри ЛеЛенинобод аз 11 июни соли 1958, тањти №391 ба Мирзаев Холмирзо тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътиэътибор соќит дониста шавад. *Шиносномаи техникї ва шартно маи хариду фурўши №4-Д-2602-и хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, ма њаллаи 3, хонаи 12, њуљраи 60, ки ба Њусенов Рањим Рауфович тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эъ тибор соќит дониста шавад.

Љомеаи мењнатии рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» ба адиб ва журналист Дадохони Эгамзод бинобар даргузашти ÏÀÄÀÐÀСÑÀØ њамдардии амиќ баён намуда, аз даргоњи Худованд сабри љамил мехоњанд.

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд . Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест.

Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов Масъули сомонаи www.hakikati-sugd.tj Шањноза Азимова

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар Љ C К “Набї Фахрї” чоп шудааст. Навбатдор: Истамљони НАЉМИДДИН

Адади нашр 6250 нусха Супориши №


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.