Точикистон №9 2014

Page 4

4

ѓайбдон

Тољикистон

№ 9 (1051) 27 феврали соли 2014

Турсуной Зокирова:

Як поям дар Маскав, як поям дар ќайроќќум

Аммо ин нобоварї дар рафти наздикшавии даври финалии лоиња, ки дар он Турсуной ѓолибият ба даст овард, барњам хўрд. Аз њамон лањза Турсуной Зокирова, зодаи шањри Ќайроќќуми Тољикистонро њама чун ѓайбдон ва дорои ќобилияти ѓайримуќаррарии экстрансенсї мешиносанд. Дар бораи кору њолатњои ѓайримуќаррарии фаъолияташ мо дар љойи кори ў ба ном «Маркази равоншиносї, усулњои анъанавии солимгардонї ва тибби амалї»-и дар шањри Маскав суњбат оростем. - Ваќте ки мардум ба ќобилияти ѓайриодии Шумо боварї пайдо кард, чандсола будед? - Ман он ваќт аллакай 24 сол доштам. Дар љисми ман бемории саратони ѓадуди шириро дарёфт карданд. Аммо ман аз табибон пештар дарак ёфтам - кафи дастам месўхт. Ростї, кафи дастам њамеша гарм аст, кадом ќуввае дорад. - Чанде пеш як китобе навиштед, дар кадом мавзўъ аст? - Дар он хонандагон маслињат ва дастурњои омодакунии обљўшњои растанињои доругиро барои табобати беморињои гуногун пайдо карда метавонанд. - Фањмидам, ки Шумо омодаи нашри китоби дуюмро доред? - Аслан китоби дуюм аллакай таёр аст, аммо он маљмўи якчанд нафар муаллифон - экстрасенсњо, азљумла бо иштироки ман таълиф шудааст. Аммо дар муњлатњои наздик наќша дорам китоби худамро нашр кунам: алњол онро навишта истодаам. Дар он низ, мисли китоби аввала, маљмўи маслињатњо ва дастурњо хоњанд буд. Аслан китоби нахустинро ољилї навишта будем. Дуюмаш бошад зањмати зиёдтарро талаб мекунад, зеро мехоњам, ки дар он маълумоти зиёдтарро пешнињод намоям. - То даме, ки шуморо интизор мешудам, ба ман гуфтанд, ки ба назди шумо бо мушки-

лоти безуриётї мурољиат менамоянд. - Бале, барои њамин гуфтан мехоњам, ки ѓайр аз наберањои худ боз наберањои зиёде дорам. Сабабњои безуриётї гуногун буда метавонанд: шояд љоду истифода шуда бошад, ё духтурон ташхиси дуруст гузошта натавонистанд. Одамоне буданд, ки тамоми љањонро сайр карданд, аммо аз њељ куљо кўмаки амалиро надиданд. Шояд тасодуф бошад, аммо алњол одамони номбурда фарзанд доранд. Умуман, ин кори ихлос ба Оллоњ ва муъљизањои ўст. - Шахсан Шумо бемории саратонро ѓолиб шудед. Оё одамоне бо беморињои вазнин мурољиат мекунанд, онњоро муолиља мекунед? - Ин ќабил одамон мурољиат мекунанд. Аммо табобати онњо бароям мушкил аст, зеро ин бароям сарбории зиёдеро меорад ва ќувваи шадидро талаб мекунад. Дар таи чањор-панљ соли охир, яъне аз ваќти ба итмом расидани лоиња («Битва экстрасенсов» - ташрењи муњаррир), зиёда аз 30 кг хароб шудам. Њамаи ин аз сарфи барзиёдии ќувва аст. Бинобар ин, ман китоберо нашр кардам, ки одамон тибќи маслињатњои пешнињодшуда бемориашонро мустаќилона паси сар кунанд. Як мисол аз маслињатњои дар китоб пешнињодшуда: агар бемор дар марњилаи аввалини бемории саратон ќарор дошта бошад, бояд аз њиссиётњои манфї, пурхўрї, зиёд хўрдани гўшт ва ќанд худдорї намояд. Ногуфта намонад, ки истеъмоли гўшти хук на танњо ба ањли мусалмон, балки ба намояндагони динњои дигар низ манъ аст. Он метавонад ба пайдошавии беморињои саратон ва коњиши асаб расонад. - Дар Ватан шумо касеро ќабул намекунед. Чаро? - Њоло ќабул намекунам. Пештар одамони зиёде љамъ мешуданд. Аммо чї тавр онњоро ќабул кунам? Охир он љо манзили зисту зиндагиам аст. Ман он љо истироњат мекунам, мењмонњоро ќабул менамоям. Ман мефањмам, ки одамон аз рўйи ноилољї ба назди ман меоянд, аммо маро њам фањмидан зарур аст. Агар боре ќабул кунам, навбати одамон беохир мешавад. Пештар ќабул мекардам ва боре шуда буд, ки навбати одамони интизор, аз зиёд

буданаш роњи мошингардро баста буд. - Яъне ин яке аз шартњои ањднома набуда, балки ќарори шахсии Шумо аст? - Бале, ин ќарори ман аст,

8

ки шахсан ќабулаш кардам. Аз тарафи дигар, алњол дар он љо утоќи кориам омода шудааст. Ва њамаи мурољиаткунандагон аллакай суроѓаи ќабулгоњи маро медонанд. Ѓайр аз

Куштори сардори СИЗО-и Кўлоб Умар ќаюмов чї ангеза дошт?

Намедонам

10%

Мањбус ќасос гирифт

30%

9

ин, дар зодгоњам - Ќайроќќум ман инчунин маркази равоншиносиро ифтитоњ менамоям. Њам дар шањри Маскав, њам дар зодгоњам, фаъолият менамоям.

Пурсишномаи њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj»

Камерањои назоратї ришвахўрии кормандони БДА-ро аз байн мебардоранд?

Фармоишї буд 70%

Ў соли 2008 њангоме, ки дар лоињаи «Битва экстрасенсов»-и шабакаи ТНТ иштирок кард, машњур гардид. Корди меросиаш аксарияти иштирокчиёни барномаро ба тањлука меафканд, аммо њељ кадоме аз онњо гумон њам намекард, ки аз дасти ин зани тољик чизе меояд.

a) Порахўрї то андозае кам мешавад. б) Кам намекунад, зеро аллакай њиллаи камерањоро ёфтанд. в) Намедонам. Эзоњ:

Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Точикистон №9 2014 by Tojikiston - Issuu