Точикистон №15

Page 6

6 Тољикистон

нигоњи дигар

№ 15 (1057) 10 апрели соли 2014

Толибон

Маълумотномаи

дар интихоботи Афѓонистон шикаст хўрданд Эњтимоли даври дувуми интихобот дар Афѓонистон Рўзномаи «Њамшањрї», Эрон Мавзўи муњими рўзнома: «Толибон дар интихоботи Афѓонистон шикаст хўрданд». Рўзнома менависад, ки њайати нозирони ИА дар интихоботи Афѓонистон гуфтаанд, афѓонњо бо њузури густардаи худ дар интихоботи президентї ва шўроњои вилоятии ин кишвар нишон доданд, ки Толибон шикаст хўрдаанд. Новобаста аз тањдиди «Толибон» дар интихоботи президентии Љумњурии Исломии Афѓонистон занон дар ин маърака фаъолона ширкат варзиданд. Рўзнома менависад, ки интихоботи президентї пас аз барканор шудани «Толибон» дар соли 2001-ум чорабинии сиёсии муњими демократї дониста мешавад. Њангоми роњбарии «Толибон» дар Афѓонистон фаъолияти занон мањдуд шуда буд ва мактабњои духтарона кор намекарданд. Ба хотири таъмини иштироки фаъолонаи занон дар интихобот барои онњо њавзањои махсуси раъйдињї боз карда шуд. Ба таъкиди тањлилгарон аз шумораи умумии интихобкунандагон 40 дарсади онро занон ташкил медоданд. Њамзамон 30 дарсади ташаббускорони давраи омодагї ва гузаронидани интихобот занон буданд. Рўзнома менависад, дар ин маврид, Пан Ги Мун-Дабири кулли СММ раъйдињандагони Афѓонистонро барои ширкаташон дар интихоботи 5 апрел шодбош гуфта, раъйи мардумро «таърихї» ва «ќадами муњим» дар роњи интиќоли бори нахусти ќудрат аз роњи демократї арзёбї кард. Бо вуљуди тањдидњои Толибон аз 12 миллион нафар ањолии ќобили раъй таќрибан 7 миллион нафар баргањои раъйи худро ба сандуќњо рехтанд. Акнун интизор меравад, ки натиљањои пешакии раъй 24 апрел ва натиљањои нињоии он 14 май эълон шавад. Агар њељ як аз номзадњо бештар аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст наорад, дар он сурат даври дувуми интихобот 28 май баргузор хоњад шуд.

Ангела Меркел ба Путин чї гуфт? Рўзномаи «Star gazete», Туркия Мавзўи муњими рўзнома чунин аст: «Ташкили блок дар љањон ва Туркия». Тавре рўзнома менависад, њафтаи гузашта маълумоте пањн шуд, ки пас аз гуфтугўйи дурударози телефонии Ангела Меркел ва Владимир Путин Русия изњор намуд, ки тамринњои низомиашро дар марзи Украина анљом додааст

ва акнун нерўњои худро хориљ мекунад. Ин изњорот чунин таассуроте ба миён овард, ки гўё Меркел Путинро аз ниёз ба канора гузоштани вазъияти тањти фишор карор гирифта, бовар мекунонад. Дар мулоќоти вазирони корњои хориљии НАТО баъд аз музокироти Меркел ва Путин њамкории ин иттињод бо Русия боз дошта шуд.

Русия – Ѓарб Боздошти гуфтушуниди Русия ва НАТО ва њузури он дар G8 — он маънои бо оњистагї табдил додани он ба як ќувваи «шарќї»-и авторитариро дорад. Рўшан аст, ки Путин зидди он њељ зиддият надорад, ў наќши вогузоршудаашро иљро мекунад. Ќадами аввалини ў – сарпечї аз ќимати пасти гази табиї, ки ба Украина фурўхта мешуд ва дар ин маврид Путин асосњои зиёд дорад. Сабаби воридони гази арзон ба Украина аз шартњое вобаста буд, ки мувофиќи он Украина њузури низомии Русияро дар Ќрим роњ дињад. Акнун, ки Ќрим ќисме аз Русия гашт, ин шартнома ѓайриќонунї њисоб мешавад. Русия назорат мекунад, ки оё Ѓарб барои кўмак ба тањмили харољоти Украина омода аст. Ин тарафи масъала рўшан нест, вале шояд Украина барои љойгиркунии нерўњои низомї дар марзи худ тасмим бигирад. Гап на дар бораи нерўњои Русия, балки низомиёни НАТО меравад.

Туркия - Ѓарб Рўзнома менависад, Туркия дар ин манзара ба «худнамої»и Русия пайравї мекунад. Пас аз интихоботи 30 март дар Туркия Путин сарвазир Эрдугонро телефонї табрик гуфт. Дар кишварњои ѓарбї чунин таљриба, ки дар баргузории интихоботи мунисипалистї табрики телефонї ба сарвазир вуљуд надорад. Аммо бо ин ишора Путин тариќи Туркия ба Ѓарб чизеро нишон доданї аст. Аз як тараф,

роњбари Русия Ѓарбро водор месозад то арзёбї намояд, ки чї гуна њизби њукмронро дидан мехоњад; аз тарафи дигар - ў ишора ба он дорад, ки Туркия метавонад ба љониби «њалќаи шарќ» мавкеашро иваз кунад. Вале дар њар сурат ин ишора – як огањї на танњо барои Ѓарб, балки барои Туркия низ мебошад. Рўзнома менависад, Русия ёдовар мешавад, ки њар як ќадами аз љониби Туркия ба амал омада, дар сиёсати дохилї ва хориљї дар оянда метавонад љойгоњи ўро дар сањнаи љањонї муайян кунад ва кадом хусусияти Ѓарб Туркияро мебинад. Њамин тавр, Русия ба НАТО, ИА,ИМА ва Туркия тавсия медињад, ки сиёсати шаффофро пеш бигиранд. Рўзнома менависад, баъдњо њар як раќобати сиёсї дар Туркия ба унвони љойгоњи он дар љањон хизмат мекунад.

Буњрони Украина ва сиёсати хориљии Эрон Рўзномаи «Tabnak», Эрон Мавзўи муњими рўзнома: «Буњрони Украина ва сиёсати хориљии Эрон». Рўзнома менависад, буњрони Украина, ки воќеан ба муќобили геопалитикии Русияву кишварњои ѓарбї табдил ёфтааст, сиёсатмадорони эрониро водор кардааст, ки андеша намоянд, то сиёсати Эрон дар ин вазъият бояд чї гуна бошад. Аввал, ќайд кардан ба маврид аст, ки мушкилоти Украина дар шумори масоили њалношудаи сиёсати хориљии Эрон дахл дорад. Эрон бо Украина њаммарз нест ва буњрони ин кишвар ишораест ба як ќатор мушкилоти дигар минтаќа. Њамчунин, њаљми њамкорињои иќтисодї ва энергетикї миёни Киев ва Тењрон на он ќадар муњим аст. Баръакс, Украина раќиби Эрон дар мавриди таъмини газ аз минтаќаи Халиљи Форс тавассути Туркия ва љануби бањримиёназамин ба Аврупо ба њисоб меравад. Баъдан,

ќариб њамаи хати лўлањои гази воридшаванда ба Аврупо, миёни марзи Украина мегузарад. Ба њар сурат, Русия ва ИМА ба ду мушкилоти сиёсати хориљии Эрон, музокироти барномаи хастаї ва мушкилоти Сурия муносибати бевосита доранд. Тењрон аз њодисањои охири Украина дар ташвиш аст. Русия на танњо шарики сиёсати хориљї ва иттифоќчии Эрон дар музокироти њастаии Тењрон бо кишварњои «шашгона»-и Аврупо, балки иттифоќчии асосии ў дар њалли масъалаи буњрони Сурия ба шумор меравад. Њамзамон, бо ин Эрон як навъ барномаеро бо Ѓарб ва махсусан ИА амалї мекунад, то тањримњои сиёсї аз байн бурда шаванд. Дуюм, гўё раванди мављудияти њаракати сиёсати хориљии Эрон дар тарафи Шарќ ва Ѓарб воќеан дар њоли њозир арзи њастї надоранд, зеро онњо бо воќеиятњои сиёсї, стратегї ва иќтисодии Эрон мувофиќ нестанд. Воќеият ин аст, ки Эрон – кишвари соњибистиќлол ва ќудрати минтаќаї мебошад ва бештар ба рушди вазъи иќтисодиву сиёсии кишварњои «хориљи наздик», минтаќаи Халиљи Форс, Бањри Каспий, Ироќ, Сурия, Афѓонистон, Осиёи Марказї, Љанубї ва Ќафќоз таваљљуњ дорад. Сеюм, сиёсати маъќули Эрон дар буњрони Украина бояд он тавре бошад, ки ў худ гаравгони нооромї дар миёни љонибњои даргири минтака, ки аз «хориљи наздики» Эрон дур њастанд, нагардад. Рўзнома менависад, дар давоми ду дањсола Эрон сиёсати худро дар давоми се буњрони байналмилалї анљом медод. Њамин тавр, дар давоми љанги Халиљи Форс дар солњои 1990-1991 Эрон бо эълони бетарафї, иќдомоти низоми бањсии Садом Њусейнро, ки зидди Ќувайт таљовуз анљом медод, сахт мањкум кард. Дар замони буњрони Афѓонистон дар соли 2001 Эрон њамчунин бо эълони бетарафї, фаъолона бо неруњои низомии Амрико барои нобуд кардани толибон њамкорї мекард. Баъдан, аз нав Эрон ба сиёсати худ баргашт, ваќте ки нињодњои умумии давлатї ва таќвияти давлати марказии Афѓонистон ташкил шуд. Дар замони буњрони Ироќ дар соли 2003 Эрон њимоят аз сарнагунии Садом Њусейн намуда, мавќеи бетарафиро бо маќсади муќовимат дар баробари тањдидњои ИМА ва манофеъи худ дифоъ мекард. Дар њамаи ин буњронњо Эрон як наќше доштааст ва албатта дар чањорчўбаи сиёсати СММ фаъолият намудааст.

Я́нош Ан́дер Янош Андер сиёсатмадор ва президенти Венгрия мебошад. Ў 9 майи соли 1959 дар Чорнаи Венгрия ба дунё омадааст. Янош Андер соли 1983 унвони доктори илмњои њуќуќшиносиро дар донишгоњи Будапешт гирифтааст. Дар солњои 1986 ва 1990 ходими илмии Донишкадаи иљтимоии Академияи илмњои Венгрия буд.

Соли 1988 Янош ба њизби Фидос аъзо шуд. Ў дар вазифањои раиси шўрои миллї ва муовини раиси њизби Фидос фаъолият кардааст. Янош Андер дар солњои 2002 - 2006 роњбарии њизби Фидосро дар парлумон ба уњда дошт. Солњои 1990-2009 вакили парлумони Венгрия, солњои 1997- 1998 ва 2006 – 2009 муовини раис, солњои 1998 – 2002 раиси парлумон фаъолият кардааст. Янош дар солњои 2009 – 2012 вакили парлумони Аврупо буд. Янош 2 майи соли 2012 президенти Венгрия интихоб гардид ва 10 майи соли 2012 ба фаъолият оѓоз кард. Ў оиладор ва соњиби 4 фарзанд мебошад. Њамсараш судя аст. Тањияи Б.НОЗИРДУХТ

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: barno@pressa.tj • Шуъбаи реклама: saodat@pressa.tj • Тел: (44) 601-35-95


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.