Ҷовид Муқим. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ

Page 1

ҶОВИД МУҚИМ

СИЁСАТ ВА ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ

1


ҶОВИД МУҚИМ СИЁСАТ ВА ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ Душанбе- 2006 Ҷовид Муқим. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ.- Душанбе: Деваштич, 2006.- 74 с. Муҳаррир: Саъдуллоҳи Ҳайдар

Дар китоби мазкур сухан дар бораи сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ меравад. Муаллиф дар мисоли ИМА сиёсати абарқудратҳоро дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ баррасӣ намудааст. Ҳамчунин дар асари мазкур чун олоти ҷанги иттилоотӣ истифода шудани радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си собит шудааст. Китоб барои донишҷӯён ва устодони шӯъбаву факултаҳои журналистика, сиёсатшиносон, мутахассисони соҳаи тарғибот ва умуман барои ашхоси иштиёқманд пешбинӣ шудааст. Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

2


МУНДАРИҶА Сарсухан ……………………………………………………………4 Фасли 1. Абарқудратҳо ва ҷанги иттилоотӣ ……................…..7 Фасли 2. Манфиатҳои геополитикӣ ва радио ……....…..........36 Охирсухан …………………………………………….....…….…...70 Феҳристи адабиёт …………………………………..………........ 72

3


САРСУХАН Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат ба ҷумҳурии мо афзуд. Зеро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Тоҷикистон дар маркази манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо ҷойгир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷануб бо Афғонистон дар ғарб бо Ӯзбекистон, дар шимол бо Қирғизистон ва дар шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Ҳамчунин аз Тоҷикистон то Туркманистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва Қазоқистон чандон масофаи дур нест. Агар дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии ягон кишвари абарқудрат бошад, Ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар камтар аз як соат метавонанд ба хоки мамолики номбаршуда ворид шаванд. Аз ҷониби дигар, канданиҳои фоиданоки кишвар, ашёи хоми саноатӣ, захираҳои энергетикӣ, оби ошомиданӣ, нерӯи арзони корӣ ва бозори маҳсулот таваҷҷӯҳи абарқудратҳоро ба худ ҷалб мекунад. Хуллас, кадом кишваре, ки дар Тоҷикистон нуфузу қудрат дорад, метавонад ба мамолики дар боло номбаршуда таъсир расонад. Феълан як чанд кишвар аз қабили ИМА, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистону Ҳиндустон мехоҳанд дар Тоҷикистон таъсири бештаре дошта бошанд. Тоҷикистон барои Эрон ҳамчун як кишвари форсизабону мусулмонӣ ва бозори маҳсулоти талаботи рӯзгор манфиатнок аст. Тоҷикистон барои Ӯзбекистон чун ягона кишвари форсизабони минтақа устухон дар гулӯ аст. На онро фурӯ бурда метавонаду на партофта. Зеро дигаргуниҳое, ки дар Тоҷикистон рух медиҳанд, ба Ӯзбекистон бетаъсир нахоҳад монд. Ҳиндустон, ки имрӯз ба кишварҳои бузург наздик шуда истодааст, мехоҳад дар Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дошта бошад. Туркия низ мехоҳад, дар ин ҷода бенасиб намонад. Инкишофи босуръати Чин бозорҳои навро

4


тақозо мекунад. Вай ҳам мехоҳад дар Тоҷикистон нуфузи худро дошта бошад. Барои ИМА Тоҷикистон воқеан ҳам минтақаи манфиати геополитикӣ аст. Пас аз ғасби Афғонистон аз ҷониби нерӯҳои низомии ИМА Тоҷикистон барои вай воқеан ҳам муҳим гардид. Русия низ пас аз шикасти сиёсаташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро зери нуфузи худ нигоҳ доштанист. Ҳоло барои ба даст овардани нуфузи воқеӣ асосан Русияву ИМА ва Чин талош доранд ва рақиби якдигар маҳсуб мешаванд. ИМА бо додани грантҳои гуногун ва сохтан пул болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, нуфуз пайдо карда истодааст. Воқеан, аз соли 2000-ум ба ин ҷониб оҷонсиҳои гуногуни ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон 129 миллион доллар кӯмак расонидаанд. Русия пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон нигоҳ доштааст ва мехоҳад дар сиёсат ва иқтисодиёти кишвар низ нуфуз дошта бошад. Маҳсулоти чинӣ, кайҳост, ки бозорҳои Тоҷикистонро ишғол кардааст. Дар баробари ин сохтмони роҳҳо ва иншооти дигар ки бо қарзи Чин маблағгузорӣ мешавад, таъсири ин давлатро дар Тоҷикистон зиёд мекунад. Дар амалӣ кардани ҳадафҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма зиёд аст. Зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад. Зеро инсон тӯли ҳаёти худ бо таъсири иттилои ба ӯ расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсири вай дар баъзе ҳолатҳо худ куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сӯзанда. Иттилои созанда нерӯи пешбаранда дорад. Иттилои дурӯғ ва барои тахрибкорӣ истифодашаванда метавонад ҷомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад. Иттилоъ дар бораи инсон, ҷомеа

5


ва ягон рӯйдод метавонад тасаввури мусбат ё манфиро ба вуҷуд орад. Имрӯз бо рушди техникаву технологияи муосир, алоқаи маснӯӣ, Интернет иттилоъро ҳамон лаҳза метавон ба тамоми олам паҳн кард. Ҳамин аст, ки як рӯйдодро дар як вақт қариб ҳамаи расонаҳои иттилоотии бузурги олам хабар медиҳанд. Вале дар ҳамин ҳол тафсир ба ин рӯйдод аз ҳар яки ин расонаҳо гуногун хоҳад буд. Ҳар яке аз дидгоҳи худ ва пеш аз ҳама вобаста ба сиёсати давлати худ ба ин қазия баҳо хоҳанд дод. Тавассути иттилоъ ва сухан метавон ҷомеаро идора кард. Ҳамин аст, ки иттилоъ дар ҳамаи давраҳои рушди ҷомеа мавқеи муҳим дошт ва он объекти мубориза буд. Беҳуда намегӯянд, ки касе иттилои бештар дорад, ҷаҳонро идора мекунад.

6


Фасли 1. АБАРҚУДРАТҲО ВА ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ Ба гуфти муҳаққиқи рус В. Г Афанасев матбуот, радио ва телевизион силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард.[1] Воқеан, бо воситаи тарғиботи сартосарӣ, ки тавассути матбуот ва воситаҳои электронии ахбор сурат мегирад, ба ҷомеа афкори муайяне бор гардида, ҳамзамон ахлоқи ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорандаи он вайрон карда мешаванд. Вақте ки сухан дар ҷанги иттилоотӣ махсус истифода мешавад, вай барои инсон нерӯи харобкунанда дорад. Феълан дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби ВАО паҳн мешавад, амнияти ҷомеа зери хатар аст. Маълумоти дурӯғро дар ҷанги иттилоотӣ дезинформация мегӯянд, ки ба мақсадҳои гуногун паҳн карда мешавад. Ҳадафи иттилоъ – ин ба аудитория расонидани ҳақиқат, некиву кӯмак кардан дар баромадан аз вазъият аст. Ҳадафи иттилоъи

дурӯғ

бошад,

фиребгарӣ

ва

тахрибкорӣ

аст.

Дезинформатсия, яъне маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай шубҳа намемонад. Баъзан муаллифи воқеии дезинформатсия, манбаъи онро муайян кардан хеле мушкил аст. Дезинформатсияро барои табақаҳои ҷомеа ба таври хоса омода мекунанд. Зеро ба ҳамон як хабари дурӯғ на ҳама бовар мекунанд. Хабари дурӯғу тахрибкор тавассути каналҳои гуногун паҳн карда мешавад. Масалан, агар баъзе хабарҳо тавассути овоза паҳн карда шаванд, иттилои дигар аз тариқи ВАО-и давлатӣ ва ё хусусӣ пахш мегардад.

7


Дар

давраи

Ҷанги

дуюми

ҷаҳон

аксари

кишварҳо

аз

дезинформатсия хеле хуб истифода мекарданд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ҳам ноил шуда буданд. Масалан, Япония он вақт ба 22 забони хориҷӣ барномаи радиоӣ пахш карда, бо иттилои дурӯғ Америкаро бовар кунонд, ки нерӯҳои вай ягон амалиётро тарҳрезӣ намекунад. Вале дар ҳамин ҳол соли 1941 ба базаи ҳарбии ИМА дар Пирл-Харбор ҳуҷум карда, нерӯҳои баҳрии онро торумор намуд. Ҳамон вақт дар худи Япония бошад, шунидани радиоҳои хориҷӣ мамнӯъ буд. Ана аз ҳамин хосияти дезинформатсия кишварҳои абарқудрат барои расидан ба аҳдофи худ тавассути ВАО истифода мебаранд. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар кураи замин минтақае нест, ки мавҷҳои радиоӣ ба он ҷо нарасанд. Аз ин рӯ, радио бо нишондоди паҳн кардани мавҷ, арзон будани истифодаи он ва дастрасӣ ба мардум яке аз беҳтарин воситаҳои суханпароканӣ маҳсуб мешавад. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон кишварҳои абарқудрат барои таҳмили ғояҳои худ ба аҳолии СССР ба тарғиботи густурда шурӯъ карданд. Шӯрои амнияти миллии ИМА 18 августи соли 1948 қарори № 20/1-ро қабул кард. Дар он изҳороти Президент Г. Трумэн чунин омадааст: «Ҳукуматро мебояд, ки ба манфиати ҷанги сиёсие, ки ҳоло паҳн шуда истодааст, ба зидди Россия ҳадафҳои муайяну ҷангӣ пеш гузорад. Ҳадафи мо- барҳам задани Ҳукумати Шӯравӣ мебошад. Кори мо бояд ба он равона шавад, ки он ҷо, дар СССР ҳодисаҳои дохилӣ ба вуқӯъ пайвандад. Сухан дар бораи он меравад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи сиёсӣ, низомӣ ва муносибатҳои психологӣ суст карда шавад».[2] Қарори мазкур ба тарғиботи густурдаи ИМА нисбати СССР тавассути ВАО, аз ҷумла радио оғоз бахшид ва «ҷанги сард» шурӯъ гардид. Ҳоло

8


Оҷонсии амнияти миллии ИМА яке аз мақомоти кории бурдани ҷанги иттилоотӣ маҳсуб мешавад. Дар он беш аз 120 ҳазор нафар мутахассисон ҷамъ омада, ҷанги иттилоотӣ мебаранд. Аз ҷониби онҳо амалиёт оид ба дигар кардани маънавиёту фарҳанги миллӣ, таҳриф кардани мафҳумҳои хотираи таърихӣ ва табодули онҳо ба «арзишҳои башарӣ», пайравӣ ба динҳои ғайримаҳаллӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҷанги иттилоотӣ барои Америка таърихи зиёде дошта бошад ҳам, он ҳамчун истилоҳ танҳо соли 1993 дар ҳуҷҷати махфии Вазорати дифои ИМА пайдо шудааст. Ба қавли муҳаққиқи ҷанги иттилоотӣ Н. А. Бруснитсин дар давраи «ҷанги сард» Департаменти давлатӣ, Раёсати марказии кашшофӣ, Оҷонсии амнияти миллии ИМА, Бюрои федеролии таҳқиқот, садҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион шабонарӯзӣ зидди Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекарданд.[3] Аз рӯи ҳадаф воситаҳои иртибот дар 3 самт метавонанд истифода шаванд: - дар мубориза бар зидди нуқтаи назари бегона; - коҳиш додани ин нуқтаи назар; - расонидани тафсири худ. Набояд фаромӯш кард, ки дар вақти ҷанги иттилоотӣ аввал фазои иттилоотӣ, ё чи хеле ки мегӯянд, қудрати иттилоотӣ ба даст гирифта мешавад ва баъд қудрати воқеӣ (ҳукумат)-ро мегиранд. Н. А. Бруснитсин менависад, ки даҳҳо радиостансияҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал «Озодӣ», «Садои Америка», Си-Би-Эс, Би-Би-Си, «Мавҷи Олмон» шабонарӯзе беш аз 100 соат барои СССР ба забони русӣ ва дигар забони халқҳои он барнома пахш мекарданд. Ҳоло ин барои кишварҳои ИДМ идома дорад. Онҳо дар кори худ нуқтаи

9


назари расмиро таҳриф намуда, ба шунавандаҳо фаҳмиши худро оид ба раванди руйдодҳо бор мекунанд. Дар байни кормандони ин радиоҳо ҷосусони идораҳои кашшофӣ дар ниқоби журналистон фаъолияти худро пеш мебаранд. Яъне хадамотҳои кашшофӣ воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун олоти сиёсати худ истифода мекунанд.[4] Ба ақидаи узви кумитаи амнияти давлатии Думаи давлатии Россия, генерал лейтенанти КАД СССР, доктори улуми таърих Н. С. Леонов он дигаргуниҳои сиёсӣ аз қабили инқилобҳои махмалин, ки ҳоло дар кишварҳои ИДМ ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ба фаъолияти Қасри сафед ва Раёсати марказии кашшофии ИМА ҳамбастагии зич доранд. Аз ҷумла, ҳоло маълум шудааст, ки «инқилоби садбаргҳо» дар Гурҷистон, «инқилоби норанҷӣ»-и Украина ва «инқилоби лолаҳо»-и Қирғизистон дар Қасри сафед тарҳрезӣ шудаанд. Конгрессмен Р. Пол 7 декабри соли 2004 изҳор дошт, ки ба хазинаи интихоботии президенти феълии Украина В. Юшенко ниҳодҳои ИМА даҳҳо миллион доллар гузаронидаанд. Сарпарастони «инқилоби норанҷӣ» Хазинаи

миллии

дастгирии

демократия,

Оҷонсии

рушди

байналмиллӣ, Хазинаи Ч. С. Мотт, Хазинаи Форд, Хазинаи Сорос ва созмонҳои дигари америкоӣ буданд. Ба қавли коршинос оид ба проблемаҳои амният ва мудофиа Есен Калиев дар «инқилоби лолаҳо»-и Қирғизистон саҳми созмони «Freedom House» (хонаи озод)и ИМА ва бахши қирғизии Радиои «Озодӣ» зиёд аст.[5] Ба қавли коршиносон воқеаҳои моҳи майи Андиҷони Ӯзбекистон низ идомаи нақшаи тарроҳони Раёсати марказии кашшофии Америка мебошад. ИМА чунин як инқилобро мехост, ки моҳи марти

10


соли 2006, дар вақти интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус амалӣ намояд. Вале хадамоти амниятии Белорус ба ин роҳ надоданд. 1 марти соли 2006 дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Белорус Степан Сухаренко изҳор дошт, ки мухолифин бо дастгирии хоҷаҳояшон аз Ғарб пас аз интихоботи президентӣ нақшаи табодулоти давлатиро дар кишвар тарҳрезӣ карда буданд. Ба қавли вай мухолифини ҳукумат пас аз интихобот бояд натиҷаи онро тақаллуб номида, дар маркази Минск митинг мекарданд ва даст ба тазоҳурот мезаданд. Дар ин митинг инфиҷор ташкил мекарданд, ки аз он чандин нафар ба ҳалокат мерасид. Ин дар навбати худ барои ғасб кардани биноҳои маъмурӣ ва даст ба табодулоти давлатӣ задани мухолифин баҳона мешуд. Ин ҳама аз ҷониби созмони ғайриқонунии мухолифин – «Ҳамкорӣ» тарҳрезӣ шуда буд. Ба гуфти С. Сухаренко созмони «Ҳамкорӣ» аз ҷониби шӯъбаи минтақавии Институти миллии демократияи ИМА тавассути шаҳрванди ин кишвар Дэвид Гамилтон маблағгузорӣ мешуд. Барои фаъолияти ин созмон дар соли 2006 ИМА 12 миллион доллар ҷудо карда буд.[6] Радиоҳои «Садои Америка» ва «Озодӣ» барои бурдани тарғибот ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аввали соли 2003 радиои муштараки «Фардо»-ро таъсис доданд. Радиои мазкур ба ҷои бахши форсии Радиои «Озодӣ», ки соли 1998 таъсис ёфта буд, ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард. Тӯли 4 соли фаъолият бахши форсии Радиои «Озодӣ» дар Эрон маҳбубият пайдо накард. Ба қавли собиқ муҳаррири бахши форсии радио Стивен Фербэнкс дар охири соли 2002 шунавандаҳои онҳо 6 фоизи аҳолии Эронро ташкил мекарданд.[7] Албатта, ин рақам

11


чандон воқеият надорад, зеро касе шунавандагонро сартосар ҳисоб накардааст. Бояд зикр кард, ки бахши форсии Радиои «Озодӣ» барои қишрҳои гуногуни ҷомеа нигаронида шуда буд ва дар он барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилии сиёсӣ, фарҳангӣ ва мубоҳисаҳо пахш мешуданд. Радиои «Фардо», ки барномаҳояш шабонарӯзӣ 24 соат пахш мешавад, аз барномаҳои иттилоотии кӯтоҳ ва суруду мусиқӣ иборат аст. Вай тӯли шабонарӯз танҳо як барномаи нимсоатаи таҳлилӣ дорад. Ба қавли узви Шӯрои радиошунавонии ИМА Ҷоан Моуэр ин маънои онро надорад, ки Радиои «Фардо» стансияи соф фароғатӣ бошад. «Аз он ки мусиқии Ғарб дар Эрон мамнӯъ аст, пахши он худ изҳороти сиёсӣ мебошад. Воқеан ҳам, роҳандозони бахши форсии Радиои «Озодӣ» дарк карданд, ки барои барканор кардани давлати исломӣ дар Эрон бояд тафаккури ҷавононро дигар кард. Аз ин рӯ, радиои иттилоотиву мусиқии «Фардо» таъсис дода шуд, ки минбаъд метавонад вазифаи мазкурро иҷро намояд. Барномаҳои ин радио бо мавҷҳои кӯтоҳ ва миёна пахш карда мешаванд. Дар аксуламали ин Ҳукумати Эрон барномаҳои Радиои «Фардо»-ро, ки ба мавҷи миёна пахш мешаванд, «хомӯш» мекунад. Бояд гуфт, ки қариб тамоми фазои иттилоотии олам аз ҷониби системаи пурқуввати Оҷонсиҳои иттилоотии ИМА расонаҳои ИМА тасарруф шудаанд. Беш аз 200 намояндагии он дар 130 давлат фаъолият доранд. Онҳо ҳудуди 20 ҳазор рӯзнома ва қариб 5 ҳазор радиостансияро, ки ҳафтае беш аз 15 ҳазор соат барнома пахш мекунанд, бо иттилои мақсаднок таъмин менамоянд. бошанд, 90 фоизи маҳсулоти хабарии оламро таҳти назорати худ доранд.[8]

12


Ҳанӯз дар солҳои аввали оғози «ҷанги сард» дар мақомоти баландпояи СССР масъалаи тарғиботи ВАО-и хориҷӣ баррасӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар материалҳои пленуми КМ КПСС аз 16 октябри соли 1952 гуфта мешавад, ки ҳанӯз дар оғози «ҷанги сард» англисҳо аз вазири умури хориҷии СССР В. Молотов барои чопи рӯзномаву маҷаллаҳояшон дар Иттиҳоди Шӯравӣ иҷозат гирифтанӣ шуданд. Сталин ба ин масъала интиқод гирифта гуфт, ки ин иқдом ба ҷуз зиён дигар чизе намеорад. Профессори Донишгоҳи Калифорния Г. Шиллер дар бораи бо иттилоъ идора кардани тафаккур гуфтааст: «ВАО дар Америка коркард ва пахши иттилоъро, ки тасавввуроти моро муайян мекунанд, пурра таҳти назорати худ доранд. Дар онҳо воқеият таҳриф гардида, тафаккури одамонро идора менамоянд»[9]. Президенти ИМА Б. Клинтон дар бораи натиҷаи ҷанги иттилоотӣ моҳи майи соли 1997 дар ҷаласаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳ чунин изҳор намуда буд: «Сиёсате, ки тӯли 10 соли охир нисбати СССР ва иттифоқчиёни вай пеш гирифтаем, дуруст буданашро собит намуд. Мо ба он чиз ноил шудем, ки дар вақташ ба Трумэн бо бомбаи атомӣ дастрас нагардида буд… Дар чор соли охир мо ва иттифоқчиёни мо ба 15 млрд. доллар ашёи стратегӣ аз ҷумла, садҳо тонна тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра гирифтанд. Бо воситаи лоиҳаи мавҷуднабуда ба маблағи ночиз ба мо беш аз 20 ҳазор тонна мис, қариб 50 ҳазор тонна алюминий, 2 ҳазор тонна сезий, бериллий ва стронсий доданд».[10] Усулҳои ҷанги иттилоотӣ, ки дар асоси илмӣ аз ҷониби марказҳои хадамоти махсуси ИМА таҳия мегарданд, на танҳо зидди Россия, балки

зидди

ҳамаи

мамлакатҳо

новобаста

аз

сохти

13

сиёсиву


идеологиашон ба таври густурда истифода мешаванд. Журналисти америкоӣ Сюзен Дэлей менависад, ки «… Америка дар бораи фарҳанги аврупоӣ чизе намедонад. ИМА- ин мамлакатест, ки бо он аврупоиҳо дар ҳолати ҷанг қарор доранд…».[11] Соли 1984 бо супориши президенти ИМА Р. Рейган мақомоти мавҷудаи ҷанги психологӣ аз нав ташкил карда шуданд. Барои бурдани ҷанги психологӣ ВАО-и махсус ва қисмҳои алоҳида таъсис дода шуданд. Барои ташкилу бурдани амалиёти психологӣ оинномаи махсуси FM-33-1 нашр гардид. Аз рӯи устави мазкур ҳадафи асосии амалиёти психологӣ ин вайрон кардани ахлоқи низомиён ва аҳолии кишварҳои душман мебошад[12]. Феълан дар назди Шӯрои амнияти ИМА гурӯҳи махсуси амалиёти психологӣ фаъолият дорад, ки ба он намояндаҳои Департаменти давлатӣ, РМК, кумитаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳ ва ғайра шомиланд. Барои кор дар давлатҳои муайян дастаҳои муттаҳидаи махсуси бурдани ҷанги психологӣ таъсис дода мешаванд. Дар ҳар як намуди қӯшунҳо сохтори хосаи худии бурдани ҷанги иттилоотӣ мавҷуд аст. ИМА барои бурдани ҷанги психологӣ ҳамасола маблағҳои калон масраф мекунад ва ҳаҷми он сол аз сол меафзояд. Масалан, агар соли 1980 ба ин мақсад ҳамагӣ 8 млрд. доллар ҷудо шуда бошад, соли 1998 беш аз 30 млрд. доллар барои ҷанги психологӣ сарф шудааст. Ҳамасола ИМА барои экспансияи идеологии худ аз ҷумла, дар бораи тарғиби бартарияти зиндагӣ ва фарҳанги америкоӣ тавассути ВАО-и маҳаллии кишварҳо беш аз 1 млрд. доллар масраф менамояд. Соли 1991 ИМА ва иттифоқчиёни вай дар амалиёти «Тӯфон дар биёбон» нисбати Ироқ аз ҷанги психологӣ васеъ истифода карданд.

14


Намудҳои асосии таъсиррасонии психологӣ телевизиону радио, тарғиботи шабонарӯзӣ

шифоҳӣ ба

ва

Ироқ

чопӣ дар

буд.

Барои

территорияи

пахши

барномаҳои

Арабистони

Саъудӣ

ретрансляторҳои радиостансияҳои «Садои Америка» ва Би-Би-Си гузошта шуда буданд. Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарғибот барномаҳои арабиашро аз 3 соат то 10,5 соат дар як шабонарӯз зиёд кард. Барои ин амал гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуда буд. Фармондеҳии нерӯҳои муттаҳида аз тариқи кӯчманчиён ва авиатсия барои

сарбозон

ва

аҳолии

Ироқ

ҳудуди

150

ҳазор

адад

радиотранзисторҳо, ки ба мавҷи радиоҳои номбурда дуруст карда шуда буданд, паҳн карданд. Пасон аз пурсиш маълум шуд, ки аз 5 нафар 4 нафари асирони ҳарбӣ радио гӯш карда, худ таслим шуда будаанд. Дар вақти амалиёти мазкур аз ҷониби нерӯҳои иттифоқчиён беш аз 30 миллион нусха варақаи тарғиботӣ паҳн карда шуд. Тарғиботи чопӣ низ ҳини ин амалиёт хеле самаранок буд. Вай барои таслим шудан ва ё ба қушунҳоро партофта рафтани сарбозон мусоидат карда буд. Барои аз байн бурдани ВЭАО-и давлатии Ироқ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба бинои телевизион ва радио зарбаи ракетӣ зада шуд, то ки онҳо ба мардум иттилои воқеиро паҳн накунанд. Ҳамзамон барои задани мавҷи Радиои «Садои Бағдод» мутахассисони ҷанги психологии ИМА ба ҳамон мавҷ барномаҳои худро пахш мекарданд. Ҳамчунин барои бурдани тарғибот Радиои «Садои халиҷ» таъсис дода шуда буд. Баъдан амалиёти партофтани варақаҳои тарғиботӣ соли 2001 дар Афғонистон низ аз ҷониби нерӯҳои муттаҳида истифода шуд. Ба қавли вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд ва сардори кумитаи

15


муттаҳидаи ситодҳо Ричардс Майерс варақаҳои тарғиботӣ дар қуттиҳои ғизоии башардӯстона ҷо карда шуда буданд.[13] Бояд зикр кард, ки вақти истифодаи нерӯ ба ягон кишвар омода кардани аҳолии худи мамлакат ба ин ҷанг хеле муҳим аст. Вагарна ҳини пайдо шудани қурбониёни ҷанг аҳолӣ норизо шуда метавонад тазоҳурот бикунад. Омода кардани аҳолӣ ба ҷанг ва оқибатҳои он албатта, ба ВАО вобастагии зич дорад. Ба навиштаи рӯзномаи «Washington

Post»

(2001.-19

октябр)

вақти

оғози

ҷанг

зидди

Афғонистон маъмурияти ИМА чунин як стратегия дошта будааст. Аз ин рӯ, пас аз инфиҷори маркази савдо дар Ню-Йорк 11 сентябри соли 2001 бо гузаштани фосилае, 7 октябр амалиёти бомбаандозӣ зидди Афғонистон шурӯъ шуд. Дар ин фосила афкори мардумро нисбати ҷанг тағйир дода, онҳоро ба он омода карданд. Ин нуктаро президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ дар номаи худ ба президент Буш изҳор кардааст: «Чаро расонаҳо ба ҷои илқои оромиш ва амният ноамниро илқо мекарданд? Бархе мӯътақиданд ин таблиғот барои заминасозӣ ва тавҷеҳи ҳамла ба Афғонистон будааст. Дар ҳамин ҷо бояд ишорае ба расонаҳо бишавад… Баҳонаи аслӣ дар ҳамла ба Ироқ силоҳҳои куштори ҷамъӣ буд. Он қадар ин мавзӯъ такрор шуд, то мардум бовар кунанд ва заминаи ҳамла ба Ироқ низ фароҳам шавад».[14] Ба воситаи иттилои махсуси кушода ва дезинформатсия ба мақомоти роҳбарикунандаи кишварҳои рақиб барои қабули ин ё он қарор таъсир расонидан мумкин аст. Ба гуфтаи коршиносони америкоӣ ба президенти кишварҳои дигар таъсир расонидан – ин усулҳои осону камхарҷи амалӣ намудани сиёсати амнияти миллии ИМА мебошад. Ба президентҳо бо се роҳ таъсир расонидан мумкин

16


аст: Якум, дар вохӯриҳои сатҳи олӣ. Дуюм, аз тариқи ҳайати наздикони ӯ тавассути ворид кардани ҷосус. Сеюм, бо ташкили тарғибот тавассути ВАО.[15] Дар ИМА ҳамеша ба ҷанги иттилоотӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд. Аз ҷумла, дар маърӯзаи комиссияи муштараки амниятии Пентагон ва РМК чунин гуфта мешавад: «…Технологияҳои иттилоотӣ метавонанд ба ҳалли бӯҳронҳои сиёсӣ бе паррондани ягон тир мусоидат намоянд. Сиёсати мо ва тарзи истифодаи он бояд ба ҳимояи имкониятҳои бурдани ҷанги иттилоотӣ ва роҳ надодан ба он кишварҳое, ки нисбати мо чунин ҷанг мебаранд, равона карда шаванд».[16] Қобили тазаккур аст, ки тарғиботи психологӣ на танҳо барои аудиторияи кишвари рақиб, балки барои аҳолии мамлакати худ низ бурда мешавад, то ки мардум ҳукумати худро дӯст доранд. Аз ҷумла, роҳбарияти ИМА барои баланд бардоштани имиҷи ҳукумати худ аз тарғиботи пинҳонӣ ба аҳолии кишвараш ба таври васеъ истифода мебарад. Аввали соли 2006 Вазорати дифои ИМА ба таъсиси гурӯҳи нави иттилоотиву тарғиботӣ шурӯъ карданд. Вазифаи гурӯҳи мазкур аз он иборат аст, ки дар вақти зарурӣ дар кӯтоҳтарин вақт мутахассисони умури алоқа бо ҷомеаро ба ихтиёри фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА қарор диҳад, то барои баланд бурдани имиҷи низомиён ва паҳн кардани иттилои мақбул тарғибот барад. Гурӯҳи мазкур ҳамчун идораи алоҳида дар ҳайати фармондеҳии муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА таъсис ёфтааст ва дар мавзеи Саффолки иёлоти Вирҷиния мустаққар мешавад. Ба гурӯҳи мазкур, ки аз 48 нафар иборат аст, полковник Стивен Кэмпбелла роҳбарӣ мекунад. Буҷаи гурӯҳи мазкур аз 4 то 8 млн. долларро ташкил мекунад, ки дар муқоиса барои бурдани тарғибот аз сохторҳои дигар

17


чандон зиёд нест. Солҳои охир бино ба маърӯза оид ба хароҷоти давлатӣ аз ҷониби 7 мақомоти давлатии ИМА барои бурдани чунин тарғибот 1,6 млрд. доллар масраф шудааст. Конгрессмени демократ Ҷорҷ Миллер дар тафсири маърӯзаи мазкур аз хароҷоти тарғиботии маъмурияти Буш изҳори нигаронӣ кардааст. Намояндаи дигари демократҳо дар Конгресс Генри Воксмен бошад, маъмурияти Бушро ба он муттаҳам кард, ки онҳо пули андозсупорандагонро барои бурдани тарғиботи пинҳонӣ истифода намудаанд.[17] Бояд гуфт, ки чунин як кӯшиш ҳанӯз соли 2001, пас аз инфиҷор дар Маркази савдои Ню-Йорк ба вуқӯъ пайваста буд. Пас аз он, ки ба тарғиботи аҳолӣ машғул шудани ин гурӯҳ ба ҷомеа маълум шуд, онро зуд барҳам доданд. Муҳаққиқи ҷанги иттилоотӣ Н. А. Бруснитсин аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир ба фазои иттилооти дохилии Россия ВАО-и хориҷӣ роҳ ёфтаанд. Аз ҷумла, радиоҳои «Озодӣ» ва БиБи-Си

тавассути

радиостансияҳои

«Маяк»,

Радиои

«Россия»

барномаҳои худро пахш мекунанд. Дар ҳамин ҳол «Маяк» ҳақ надорад, ки барномаҳояшро дар дохили ИМА пахш намояд.[18] Воқеан ҳам, дар ИМА ба пахш кардани барномаҳои радиоҳои Россия аз дохили кишвар иҷоза намедиҳанд. Бояд гуфт, ки дастгоҳи тарғиботии ИМА барои амалӣ намудани нақшаҳои худ аз ВАО-и кишварҳои дигар низ истифода мебаранд. Масалан, ба наздикӣ маълум шуд, ки маъмурияти Буш муаллифони мақолаҳои

фармоишии

худро

дар

матбуоти

Ироқ

пинҳонӣ

маблағгузорӣ мекардааст. Мақолаҳои мазкур аз ҷониби муаллифони маҳаллӣ барои баланд бардоштани имиҷи Ҳукумати ИМА навишта мешаванд. Чунин амал дар ВАО-и кишварҳои дигар низ ба назар

18


мерасад. Бо фармоиши кормандони сафоратхонаҳо, созмонҳои ғайридавлатии ИМА мақолаҳо фармоиш дода мешаванд. Ҳамчунин Ҳукумати ИМА ВАО-и ба худ мақбулро тавассути сафоратхонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамаҷониба бо грантҳо дастгирӣ мекунанд. Имрӯз боз як амали дигар дар матбуоти Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳафтаномаҳои «Asia-Plus», «Миллат», «Зиндагӣ» ва ғайра аз маводи радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си, «Мавҷи Олмон» дар саҳифаҳои худ фаровон истифода намуда, ҳадафҳои ин расонаҳоро амалӣ мекунанд. Ин кор ё аз надонистани оқибатҳои ин амал сурат мегирад ва ё аз ҷониби ҳукумати ин кишварҳо манфиат дидани муассисону ноширон вобаста аст. Дар ҳамин ҳол сармуҳаррири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо, ки худ бештар маводи радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си-ро дар саҳифаҳои ҳафтаномааш ҷой мекунад, аз чопи замимаи маводи россиягии ҳафтаномаи «Asia-Plus» изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд: «замоне ки як расонаи мо аз Русия ва дигаре аз Амрико ва саввумӣ аз Туркистон пуштибонӣ мекунад ва ҳарфи он мамоликро мегӯяд, тафаккури воҳиди миллӣ куҷо шакл мегирад, бар мабнои чӣ ва чӣ гуна?».[19] 28 ноябри соли 2005 маҷаллаи америкоии «Time» мақолаи ҳангомадорро оид ба тавсеаи шабакаи ҷосусии Раёсати марказии кашшофии ИМА ба табъ расонд. Президент Буш ҳанӯз соли 2004 ба директори ҳамонвақтаи РМК Портер Госс супориш дода буд, ки ҳар чӣ зудтар теъдоди ҷосусонро дар хориҷа 50 дар сад зиёд бикунад. Ҳамчунин қарор аст, ки шумораи кормандони идораҳо, ки дар кишварҳои хориҷӣ зери ниқоби кормандони дипломатӣ фаъолият доранд, афзоиш дода шаванд. Акнун вазифаҳои атташеи иқтисодӣ ва

19


фарҳангии намояндагиҳои дипломатии ИМА-ро ҷосусони касбӣ иваз мекунанд. Ба ғайри ин теъдоди ҷосусони якка, ки бе иммунитети дипломатӣ дар хориҷа фаъолият менамоянд, зиёд мешавад. Дар ҳолати ошкор шудани онҳо Ҳукумати ИМА ҳамагуна алоқа доштанашро бо ин ҷосусон рад мекунад. Ба ғайри ин РМК тасмим гирифтааст, ки фаъолияти объектҳои худро, ки пас аз ба охир расидани «ҷанги сард» қатъ карда буд, аз нав шурӯъ бикунад. Ба навиштаи маҷаллаи «Time» ҷосусони ҷавон дар қисми шарқии иёлоти Вирҷиния, дар лагерхои махсус тӯли 6 моҳ омӯзонида мешаванд.[20] Бояд гуфт, ки 5 майи соли 2006 директори Раёсати марказии кашшофии ИМА Портер Госс ба истеъфо рафт ва президент Ҷорҷ Буш ба ҷои вай директори Оҷонсии амнияти миллӣ генерал Майкл Хейденро пешниҳод намуд. М. Хейден беш аз 20 сол дар мақомоти кашшофӣ фаъолият кардааст. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 1950 Раёсати марказии кашшофӣ Радиои «Аврупои озод» ва соли 1953 Радиои «Озодӣ»-ро барои бурдани тарғибот таъсис дода буд. 24 ноябри соли 1951 рӯзномаи «НюЙорк Таймс» мусоҳибаи президенти Кумитаи миллии Европаи озод Чарлз Д. Ҷексонро ба табъ расонид. Ӯ ба саволҳои хабарнигор вобаста ба ҳадаф ва фаъолияти комитет ва Радиои «Аврупои озод» посух дода, гуфт, ки мо мехоҳем барои пайдоиши бетартибиҳои дохилӣ дар кишварҳое, ки барномаҳоямон пахш мешаванд, шароит фароҳам намоем… Мо ташкилоте нестем, ки нақшаҳои низомӣ мекашад. Мо намехоҳем дар таъсиси диктатураи ҳарбӣ ширкат намоем ва агар минбаъд он ба вуқӯъ ояд ҳам, ба вай кӯмак бикунем. Мо метавонем дар бораи имкони кӯмаки низомӣ ҳамон вақт фикр бикунем, ки агар

20


халқҳои худи ин кишварҳо ҳаракатҳои низомӣ ташкил карда битавонанд. Воқеан, миёнаи соли 1953 радиоҳои «Аврупои озод» ва «Озодӣ» бо мувофиқати Вашингтон ба амалиёти бузурги тахрибкорӣ бо номи махфии «Просперо» шурӯъ карданд. Яке аз рӯзҳои тобистон дар фазои шаҳри Прага кураҳои ҳавоӣ бо қуттии варақаҳои иғвоангез пайдо шуданд. Дар варақаҳо ба аҳолии Чехословакия пешниҳод мешуд, ки зидди ҳукумати худ, Ҳизби коммунист ва иттифоқи касаба бароянд. Баъдан аз рӯи адресҳои аз Раёсати марказии кашшофӣ гирифташуда аз номи радио дастуру тавсияномаҳои махсуси ташкили ҳаракатҳои зиддиҳукуматӣ ба Чехословакия фиристонида шуданд. Тирамоҳи соли 1954 Радиои «Аврупои озод» ва Радиои «Озодӣ» чунин як амалиётро бо номи «Фокус» дар Ҷумҳурии Халқии Венгрия анҷом доданд. Радиои «Аврупои Озод» ҳамарӯза ошӯбгаронро бовар мекунонд, ки агар онҳо ҳаракати зиддиҳукуматиро шурӯъ бикунанд, ҳамон замон аз Ғарб ҳуҷуми васеъ оғоз мегардад. Ҳамин ваъдаҳо буд, ки зиддиинқилобчиён даст ба силоҳ заданд. Бо оғози ошӯб ноиби президенти ИМА Р. Никсон ба сарҳади Венгрия – Австрия омад ва ба иқрори худаш, ӯ бо гурӯҳи ошӯбгарони маҷор вохӯрд. «Ман аз онҳо пурсидам, – баъдан дар ин бора навиштааст, ӯ – Шумо чӣ андеша доред, оё Радиои «Садои Америка» ва Радиои «Аврупои Озод» дар сар задани ошӯб саҳм доранд?  Аз ин суоли ғайридипломатӣ дар чеҳраи онҳо аввал таҳайюр пайдо шуд ва баъд нафаре –«ҳа» -гуфта посух дод».[21] Яке аз асосгузорони Радиои «Аврупои Озод» генерал Л. Клей низ

21


барои бурдани муборизаи идеологӣ таъсис ёфтани радиои номбурдаро эътироф кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки Радиои «Аврупои

озод»

«ҷанги

психологии

бетараҳҳум

ва

бо

чизе

боздоштанашаванда мебарад, ки ҳадафаш сарнагун кардани режими коммунистӣ аст»[22]. Пол Лайнбарҷер, яке аз назариячиёни пешбари Америка оид ба ҷанги психологӣ менависад: «Ҷанги психологӣ аз истифодаи мураттаби тарғиб ва тадбирҳои ахбории ба он наздик бо мақсади ба афкор, эҳсос, муносибат ва рафтори гурӯҳи душманони хориҷӣ таъсир расонидан иборат аст, ки ба амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсӣ ва низомӣ мусоидат менамояд».[23] Васоити тарғиботии ИМА на танҳо бар зидди мамолики сотсиалистӣ, балки бар зидди кишварҳои дигаре, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз онҳо ҷонибдорӣ мекард, низ «ҷанги тарғиботӣ» мебурданд. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов солҳои 80уми садаи 20 ҳамаи воситаҳои ахбори омма ва тарғиботии ИМА зидди Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарғиботи мураттаб мебурданд. Радиостансияҳои хориҷӣ «Садои Америка», «Озодӣ» ва Би-Би-Си ба забонҳои пашту, дарӣ ва форсӣ зидди Афғонистон тарғибот мебурданд, то ки дар байни аҳолӣ норизоӣ аз ҳукумати инқилобиро ба вуҷуд оранд. Ҳамчунин бар зидди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ тарғибот бурда мешуд. «Ба ин мақсад тӯли солҳои 1980-1984 танҳо ИМА қариб 1 млрд. доллар харҷ кардааст».[24] Танҳо бо забонҳои дарӣ ва пашту 35 радиостансияи давлатҳои империалистӣ зидди Афғонистон ҳафтае қариб 300 соат тарғибот мебурданд. Дар ин кор бештар радиоҳои «Садои Америка», Би-Би-Си,

22


«Озодӣ», «Мавҷи Олмон», «Садои дӯст» фаъол буданд. Барномаҳои зиддишӯравӣ ва зиддикомунистии радиоҳо, албатта, бетаъсир намемонд. Як қисми аҳолӣ ба онҳо ҳамчун ҳақиқат бовар мекарданд. Наталя Кларксон, мудири редаксияи русии Радиои «Садои Америка» баъдан дар як мусоҳибааш вобаста ба ворид шудани қӯшунҳои Шӯравӣ ба Афғонистон чунин гуфта буд: «Барҳақ аз назари тарғиботии ҳамонвақтаи шумо «Садои Америка» овози душман буд, зеро мо ба ин ҷанг диди дигар доштем. Феълан бошад, васоити ахбори шумо (СССР – М.М.) ба ин ҷанг чунин баҳои танқидии шадид медиҳад, ки он вақт «садоҳои душман» ба хаёл ҳам намеоварданд».[25] Ин ҷо сухан аз он меравад, ки солҳои охир баъзе журналистони рус ба Афғонистон ворид шудани Артиши Шӯравиро истилои давлати мазкур маънидод карда, ончунон афсарону сарбозонро сангборон мекунанд, ки гӯё онҳо сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои имрӯзаи мардуми ин кишвар бошанд. Он солҳо барои баъзе аз нерӯҳои иртиҷоии ИМА чунин тарзи тарғибот барои Афғонистон чандон самаранок наменамуд магар, ки барои васеъ кардани «ҷанги психологӣ» аз усулҳои санҷидашуда истифода намуданд. Барои омӯзонидани усулҳои тарғиб ба муҷоҳидони афғон Конгресси Америка аз тариқи Оҷонсии итилоотии ИМА (ЮСИА) маблағ ҷудо мекард. Барои таъсиси Радиои «Афғонистони озод» дар қаламрави Покистон аз фонди Корпоратсияи Радиои «Озодӣ», «Аврупои озод» 700 ҳазор доллар ҷудо карда шуд. Ҳамчунин дар баъзе аз мамолики Аврупои ғарбӣ оҷонсиҳои иттилоотии махсус аз қабили «Оҷонсии матбуоти Афғонистон», «Матбуоти исломии Афғонистон» таъсис дода шуданд, ки «фаъолияти онҳо барои поймол кардани

23


сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон равона шуда буд».[26] Ба гуфти Валерий Коновалов, собиқадори Радиои «Озодӣ» мақсади ИМА аз кӯмак ба муҷоҳиддини Афғонистон ин суст кардани иқтидори низомӣ ва иқтисодиёти шӯравӣ, ҷалби СССР ба муноқишаи ҳарбии тӯлонӣ буд. Натиҷаи ин албатта, боиси номуътадилии сохтори сиёсиву давлатии СССР мешуд[27]. Ҷонибдорӣ аз нерӯҳои зиддиҳукуматӣ барои Радиои «Аврупои озод» ва Радиои «Озодӣ» нав нест. Вақти ошӯби соли 1968-и Чехословакия ин бараъло эҳсос мешуд. Вақте ки 21 августи соли 1968 нерӯҳои давлатҳои узви Созишномаи Варшава вориди Чехословакия шуданд, Радиои «Озодӣ», Радиои «Аврупои Озод» ва «Садои Америка» фавран ба пахши шабонарӯзии барномаҳо гузаштанд. Радиостансияҳои дигари ғарбӣ низ ҳаҷми барномаҳояшонро зиёд карданд. Ҳадафи ҳамаи онҳо бо пахши ахбори дуруғӯ таҳрифшуда муташанниҷ кардани вазъияти мамлакат буд. Аз гуфтаҳои боло вобаста ба ҷанги психологӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард: - аввалан, воситаи асосии бурдани ҷанги психологӣ ин тарғиботи империалистӣ мебошад. Бинобар ин, васоити ахбори омма бояд дар ҳар як давра ба ҳаҷм ва характери вазифаҳои ҷанги психологӣ мувофиқат бикунад; - дуввум, тарғибот дар вақти ҷанги психологӣ бо тадбирҳои зиёди иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайра пурра карда мешавад. Яъне, ин алоқаи мустақими тарғиботи сиёсиро бо тахрибкории гуногун дар бар мегирад;

24


- сеюм, ҷанги шадиди психологии он давра пеш аз ҳама ба ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои сотсиалистӣ равона шуда буд. Феълан сиёсати мазкур нисбати баъзе аз собиқ давлатҳои сотсиалистии Аврупои Шарқӣ дигар шуда бошад ҳам, барои собиқ ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн нарафтааст; - чаҳорум, ҷанги психологӣ барои ҳадафҳои истилогарӣ бурда мешавад. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи январи соли 1994 Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» ба пахши барномаҳо барои Югославия шурӯъ кард. Пас аз чор сол бошад, нерӯҳои НАТО вориди ин мамлакат шуданд. Ё ин ки соли 1998 дар Радиои «Озодӣ» барои бурдани тарғиботи густурда ба Ироқ бахши «Ироқи озод» таъсис ёфт. Соли 2003 ИМА ба Ироқ ҳуҷум карда онро ғасб намуд. Собиқ директори Раёсати марказии кашшофии ИМА Аллен Даллес , ки солҳои 1953-1961 ба ин идора роҳбарӣ мекард, ҳанӯз соли 1942 чунин навишта буд: «Миллатгароӣ ва бадбинии халқи русро мо моҳирона

тарғиб

мекунем…

Мо

одамонро

аз

хурдсоливу

наврасиашон ба даст гирифта, ба ҷавонон такя мекунем. Мо онҳоро фосиқу беор ва космополит мекунем»[28]. Муҳаққиқи ҷанги иттилоотӣ Н. А. Бруснитсин аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир ба олоти бурдани ҷанги иттилоотӣ ба монанди Радиои «Озодӣ» фаъолият кардан дар дохили Россия иҷозат дода шудааст. «Вай бо пули Америка фаъолият дорад. Бинобар ин табиист, ки вай ба манфиати онҳову бар зарари Русия кор мекунад».[29] Дар Тоҷикистон низ муносибат ба расонаҳои хориҷӣ чунин аст. Масалан, Радиои Би-Би-Си аз моҳи сентябри соли 1996 дар

25


Тоҷикистон

бо

истифода

аз

ретрансляторҳои

Тоҷиктелеком

барномаҳояшро бо мавҷи миёна пахш мекунад. Аз моҳи июни соли 2004 то 10 январи соли 2006 бошад, барномаҳои Би-Би-Си шабонарӯзе 24 соат бо мавҷи FM пахш мешуданд. Ҳоло аз надоштани иҷозатнома пахши барномаҳо ба мавҷи FM муваққатан қатъ гардидааст. Вале ҳукумат метавонад ба ин иҷоза бидиҳад. Рекламаҳое, ки ба шунидани барномаҳои Радиои «Озодӣ» даъват мекунанд, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе хеле зиёд насб шудаанд. Ҳатто чунин як лавҳа дар 50 метр аз Қасри Президент насб гардидааст. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат» Адолати Мирзо дар бораи бе ҳадаф набудани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си чунин мегӯяд: «…модоме ширкати Радиои Би-Би-Си тӯли мавҷудияти 65солааш (бахши форсӣ. М.М.) ин иддаоро дорад, ки як расонаи мустақили хабаррасон аст ва мавзеъгирӣ намекунад, пас талош аз саргирии пахши барномаҳои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон аз сӯи сафорати Бритониё ба чӣ далел аст?»[30] Журналисти тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло низ аз пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си изҳори нигаронӣ кардааст: «… пахши барномаҳои шабонарӯзии Радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM, пахши барномаҳои мӯди урупоӣ, рӯзномаҳои мухталиф ба забони ғайридавлатӣ ва ғайраву ҳоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва ҳамбастагиҳои нерӯҳои дохилӣ дар раванди таҳоҷуми фарҳангии бегонагон арзёбӣ кард».[31] Таъсиррасонии ахбор ва сиёсат имрӯз яке аз воситаҳои асосии бурдани ҷанги иттилоотӣ маҳсуб мешавад. Зеро бо ин усул метавон ба шуури мардум таъсир карда, тафаккури онро дигар кард. Масалан, вақте ки як қишри ҷомеа аз ягон қарори ҳукумат норозӣ аст, онро тавссути ВАО нишон дода, ин норозигиро устувор кардан

26


мумкин аст. Дар ин ҳол ВАО бевосита ба ҳукумат фишор меорад. Ҳамин аст, ки радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си аксаран ба мухолифини ҳукумат минбар медиҳанд, то ки онҳо озодона ақидаи худро баён намоянд. Ин амал дар давраи ҷанги ҳамватанӣ хеле рӯшан ба назар мерасад. Солҳои 1993 пас аз Тоҷикистон фирор кардани роҳбарони мухолифин сараввал маҳз Радиои Би-Би-Си мусоҳибаро бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигарон пахш карда буд. Ҳоло низ нафарони аз ҳукумат норозӣ бе ягон мушкилот метавонанд аз ин радиоҳо истифода бикунанд. Ба

қавли

профессори

украин

Георгий

Почепсов,

ки

технологияҳои иттилоотии сиёсиро пажӯҳиш кардааст, маъракаҳои иттилоотӣ ҳамеша ду ҳадафи ба ҳам мувозиро пайгирӣ менамоянд: а) нигоҳ доштани таваҷҷӯҳ ба интерпретатсияи воқеаҳои рӯйдода; б) пешгирӣ кардани пахши иттилои интерпретатсияшудаи рақиб.[32] Як фактро метавон чанд хел тафсир кард ва афкори ҷомеаро ба вуҷуд овард. Масалан, ғасби Ироқ аз ҷониби нерӯҳои ИМА дар ВАО-и Америка чун воқеаи зарурӣ барои барҳам задани нерӯҳои аҳриманӣ, ки ба амнияти кишвар хатар эҷод мекунад ва барпо кардани демократия талаққӣ мешавад. Ҳамин факт дар ВАО-и Русия, Белорус ва ғайра чун таҷовуз ба хоки Ироқ дониста шудааст. Бояд гуфт, ки ВАО метавонад аудиторияи худро муддати дарозе зери таъсири ягон рӯйдод нигоҳ дорад. Масалан, пешакӣ дар бораи ба вуқӯъ пайвастани ягон ҳодиса хабар дода, таваҷҷӯҳи аудиторияро ба он ҷалб мекунад. Баъдан дар бораи ба вуқӯъ пайвастани худи ин ҳодиса хабар дода мешавад. Сипас дар охир муддати тӯлонӣ метавон

27


ба натиҷаи ин рӯйдод баргашт. Баҳси барномаи ҳастаии Эрон аз чунин мавзӯъ аст, ки дер боз мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии олам аст. Ҳамин мавзӯъ дар ВАО-и ИМА ва кишварҳои ба вай наздик ду хел тафсир мешавад: яке ба фоидаи ИМА ва дигаре ба ҷонибдории ИМА. Барои бо аудитория кор кардан хадамоти тарғиботии ИМА чунин намудҳои фаъолиятро муайян кардааст: 1) истифодаи ВАО-и ба аудитория наздик; 2) истифодаи сарчашмаи иртибот, ки аудитория ба вай бештар эътимод дорад; 3) нишон надодани мавқеи иртиботгиранда ва аудитория; 4) пайдо намудани нуқтаҳои баҳамоӣ бо истифодаи калимаҳои ба аудитория наздик ва рӯйдодҳои ба вай ошно; 5) мавқеи иртиботгирандаро чунин бояд нишон дод, ки вай мавқеи ҳамагон аст; 6) истифодаи мушаххасгардонии гурӯҳҳои иҷтимоӣ, динӣ, синну солӣ, касбӣ ва ғайра. Бо истифода аз ин усулҳо наздикшавии максималии аудитория ва иртиботгирандаро ба даст овардан мумкин аст. Вақте ки дар ИМА ба ягон кишвар ҷанг карданӣ мешаванд, пеш аз оғози ҳамла ҷанги иттилоотиро нисбати ин мамлакат шурӯъ мекунанд. Масалан, пеш аз ғасби Афғонистон дар соли 2001 Радиои «Садои Америка» ҳаҷми барномаҳояшро ба забони дарӣ ва пашту афзоиш дод. Ҳамзамон Радиои «Озодӣ» низ ба пахши барномаҳо барои Афғонистон шурӯъ кард. Ширкати телевизионии америкоии CNN дар ҷанги Халиҷи Форс ва Афғонистон бо нерӯҳои Пентагон ҳамкории зич дошт ва дар бурдани ҷанги психологӣ кӯмаки зиёд кард.

28


Бинобар ин, ҷанги психологиро дар Афғонистон фронти дуюм номиданд. Барои баланд кардани нуфузи низомиён Пентагон аз Голливуд низ истифода кард, то ки синамогарон дар бораи низомиёни ИМА филмҳои «хуб» офаранд ва образи сарбози америкоиро ҳамчун ҳомии сулҳу демократия нишон диҳанд. 14 октябри соли 2001 рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» навишта буд, ки ҷанги нуфузҳо дар ҳама ҷо – аз муроҷиати президент Буш оид ба ҷамъ кардани якдолларӣ барои бачаҳои Афғонистон шурӯъ карда, бурда мешавад. Агар асоси ҷанги иттилоотӣ факт ва баъд тафсири вай бошад, дар ҷанги нуфузӣ(имиҷӣ) ҷузъи асосӣ тафсир буда, факт барои рӯйпӯш намудани интерпретатсия (тафсир) хизмат мекунад. Ҳамин аст, ки ҳоло кино, телевизион ва рекламаи ИМА барои баланд бардоштани имиҷи кишварашон саъй доранд, то ки Америкаро мардуми олам ҳамчун сарчашмаи бадӣ нахонанд. ИМА вақти ҷанги психологӣ аз чунин қонуниятҳои таъсиррасонӣ ба аудитория истифода мекунад: 1. Факт бояд бо тафсир якҷоя истифода шавад. Масалан, вақти ҷанги Афғонистон ВАО-и ИМА онро мубоиза бо терроризми ҷаҳонӣ номиданд. ВАО-и Русия бошад, размандаҳои чеченро «муҷоҳид» ва ё «дастаҳои бандит» меноманд. 2. Пайдоиши факти манфӣ бояд бо тафсири мусбат ислоҳ карда шавад. Масалан, факти марги шаҳрвандони осоишта ҳини ҷанг дар ВАО гуфта намешавад ва агар дар ин бора сухан равад, ҳатман гуфта мешавад, ки аз амалиёти террористӣ дар ИМА 5 ҳазор нафар шаҳрвандон кушта шуданд. 3. Пайдо шудани як факти манфӣ имкон медиҳад, ки факти дигари манфӣ пахш карда шавад. Масалан, вақте ки маркази савдо дар

29


шаҳри Ню-Йорк инфиҷор шуд, факти дигари манфиро оид ба бархӯрдани тайёра ба бинои Пентагон низ пахш карданд. Зеро мардуми аз хабари аввал ба шок расида, хабари дуюмро низ қабул мекунад. 4. Дар як вақт дар мадди назари аудитория будани факти манфӣ ва мусбат пайдоиши муносибати амиқи шахсро оид ба рӯйдод мушкил мекунад. Масалан, аз як тараф, Афғонистонро бомбаборон карданд ва аз тарафи дигар, бо тайёраҳо ба мардум кӯмаки башардӯстонаи ғизоӣ партофтанд. 5. Собит кардани фикр на ба факт, балки сохтани он бо интерпретатсия. Дар ин ҳолат усули таъсиррасонӣ бо интиқоли факт ба намуди интерпретатсияи ба худ мувофиқ сурат мегирад. Масалан, Би-Би-Си филме, ки канали «1+1» намоиш дода буд, такроран пахш мекунад. Дар он биотеррор ба Усомаи бини Лодан ва ё Ироқ нисбат медиҳанд. Ҳоло америкоиҳо хуб медонанд, ки сарчашмаи сирояти бемории сӯхтанӣ аз дохили кишвар будааст. Вале он лаҳза аз ин факт интерпретацияи ба худ зарурӣ ва мувофиқро барои аудитория талаққӣ доданд. 6. Бояд каналҳои иртиботии ба аудитория наздикро барои таъсиррасонӣ

истифода кард.

Масалан,

ИМА аксари

маводи

тарғиботии худро тавассути каналҳои арабии ВАО пахш мекунад. Ё беҳуда нест, ки Би-Би-Си аз соли 2007 канали телевизионӣ ба забони арабӣ роҳандозӣ мекунад. 7. Бояд ба афкори ҷомеа диди характеристикаи рақиб, образи вай таҳмил карда шавад. Масалан, олами виртуалӣ нисбат ба воқеӣ дар пахши ахбор мавқеи муҳимро мегирад. Аудитория танҳо онро

30


медонад, ки ба вай гуфтаанд. Аз ин рӯ, интерпретатсия нисбат ба факти воқеӣ мавқеи асосиро мегирад. 8. Таҳмили ақида метавонад тавассути руҷӯи таърихӣ сурат бигирад. Масалан, барои ба аудитория таҳмил кардани ақида чун дар ИМА мегӯянд, ки «Саддом Ҳусейн ин Гитлери ҳозиразамон аст». Албатта, мардум кӣ будани Гитлерро медонанд ва оқибати сиёсати ғосибии вайро фаромӯш накардаанд. Дар ин ҳол аудитория Саддомро бо Гитлер муқоиса карда, ба хулоса меоянд, ки бояд Саддом барканор карда шавад. Зеро вай ҳам чун Гитлер хоҳад буд. 9. Ҳар қадаре ки аудитория дар бораи объекти тафсиршаванда аҷзои зиёди мусбат ё манфӣ гирад, объект барои вай наздик мешавад. Масалан, дар бораи ягон ҳодисае, ки мехоҳанд афкори мардумро ба вуҷуд оранд, бештар менависанд. Дар давраи ҷанги Афғонистон соли 2001 ВАО-и ИМА дар бораи ҳаракати толибон иттилои зиёди манфӣ пахш карданд. Ва ҳатто бо баҳонае, ки баромади Усомаи бини Лодан шояд хабари шифршудае ба ёронаш дошта бошад, муроҷиати ӯ ё мусоҳибаи вайро пахш накарданд. 10. Ғолиб он касест, ки аввалин шуда худро ғолиб эълон кардааст. Ҷанги истилогаронаро низ метавон ҷанги боадолат номид, агар тавассути тарғибот чунин афкори ҷомеа ба вуҷуд оварда шавад. Дар оғози ғасби Ироқ дар моҳи марти соли 2003 ВАО-и ИМА ин ғосибиро ҷанги боадолатона талаққӣ мекарданд. 11. Ягон нафар одами аҳмақ ё сабукфикр, вале барои аудитория ҷолиб барои саргарм кардани мардум интихоб карда мешавад. Масалан, барои афкори ҷомеаро аз воқеаи асосӣ дур кардан ба ягон ҳодисаи сеюмдараҷа таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Масалан, дар ВАОи Ғарб шодравон шоҳзода Диана ё овозхон М. Ҷексон барои ҷалби

31


таваҷҷӯҳи аудитория истифода мешаванд. Дар ин ҳол мардум дар бораи воқеаи асосӣ камтар фикр карда, таваҷҷӯҳашонро ба дигар сӯ равона мекунанд. 12. Таҳти назорат гирифтани қиссаҳо дар шабакаи тарғиботӣ. Зеро дар қиссаҳо ҳақиқати воқеӣ ниҳон аст ва аз он рақибон метавонанд истифода бикунанд.[33] Масалан, дар ВАО-и кишварҳои Ғарб дар бораи Усома бини Лодан аксаран қиссаву иттилои манфӣ пахш мешавад. Дар сурати ба ин шабакаҳо даст ёфтани Усома бини Лодан ва шериконаш албатта, иттилову қиссаҳо мусбат мешуданд. Аз ҳамин нигоҳ хадамоти амниятии Россия сайти размандаҳои чеченро дар Интернет мебандад, то ки онҳо худро тарғиб накунанд. Паҳн кардани иттилои дурӯғ, рекламаи ғаразнок на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ зарар дорад. Масалан, рекламаи бардурӯғи ягон маводи хӯрокаи пастсифат метавонад ба саломатии аҳолӣ зиён расонад. Солҳои охир ба бозори истеъмолии кишвар маҳсулоти пастсифат ва ё мӯҳлати истифодааш тамомшуда ворид карда мешавад. Қаҳрамон он касест, ки душмани арзанда дорад. Бинобар ин дар ҷанги иттилоотӣ барои аҳолии худ рақибро зӯру тавоно ва бераҳму ҷоҳил нишон медиҳанд, то ки ғолибро қаҳрамон намоянд. Дар ҳамин ҳол барои душман нерӯи худро зӯру тавоно ва мағлубнопазир нишон дода, баръакс рақибро хору залил, ва нотавон инъикос мекунанд, то ки ба

афкори

мардуми

манотиқи

душман

таъсири

психологӣ

мерасонанд. Ба навиштаи рӯзномаи «New York Times» (2002.-2 декабр). Ғалаба дар ҷанг маънои ғалаба дар оламро надорад. Дар ин ҷанг танҳо дар ҳолати ба сару қалбҳои одамон роҳ ёфтан метавон ғолиб омад.

32


Медиа-кризис (бӯҳрони ВАО) ин олотест, ки тавассути расонаҳои хабарӣ дар фазои иттилоотӣ вазъ ноором гардонида мешавад. Ба қавле ВАО аз «паша фил сохта» вазъро аз будаш зиёд ноором ва ё баръакс нишон медиҳад. Ҳамин аст, ки медиа-кризис метавонад реаксияи нодурустро ба воқеа ба вуҷуд орад. Медиа-кризис ба се бунёд асос ёфтааст: 1. Табодули ном. Дар ин ҳолат ба воқеаи маълум интерпретатсияи нав дода мешавад. Масалан, Сталин дар давраи Хрушёв аз доҳии халқ ба душмани он табдил дода шуд. 2. Интиқол. Медиа-кризис имкон медиҳад, ки маводи рамзӣ ва виртуалии дар он ғуншударо ба маводи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ интиқол дода шавад. Барои ин, албатта, маблағи кам харҷ шуда, медиа-кризисро каммасраф менамояд. 3. Таваҷҷӯҳи нодуруст. Медиа-кризис афкори нодурустро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, рақибон аксаран ба хулосаи нодуруст меоянд. Ин дар навбати худ ба ноором кардани авзо мусоидат менамояд. Барои муваффақ гардидан бояд медиа-кризис ба аудиторияи худ ба таври мақсаднок равона шуда бошад. Кор бо одамони норозӣ, ки дар ҳамаи кишварҳо ҳастанд, аз вазифаи умдаи медиа-кризис мебошад. Ин гурӯҳро пайдо карда, фаъол намудан имкон медиҳад, ки табақаҳои дигари ҷомеа ҷалб шаванд. Дар ҳар ҷомеа табақаҳои ҳассос ҳастанд, ки зуд зери таъсири психологӣ мемонанд. Аз онҳо мебояд истифода кард.[34] Муборизаи иттилоотиро метавон ҳамчун омодагии иттилоотӣ ба ягон амали оянда баррасӣ кард, ки дар шароити воқеӣ ва ё виртуалӣ мегузарад. Муборизаи иттилоотиро метавон зидди аҳолии осоишта ва ё низомиён анҷом дод. Таввассути вай аз як ҳолат метавон ба ҳолати

33


дигар гузашт. Масалан, аз ҳолати иқтисодӣ ба сиёсӣ, низомӣ ё баръакс гузаштан мумкин аст. Ин ҳолат аввал дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва баъд ба ҳолати воқеӣ мегузарад. Аз ин рӯ, муборизаи иттилоотӣ чунин ҳадафҳо дорад: - хуб (мусбат) нишон додани объект; - бад (манфӣ) нишон додани объект; - ноором кардани вазъият; - ором кардани вазъият. Ин ҳама тавассути паҳн кардани овозаҳо, дурӯғу тӯҳмат, таърифи беасос, барои баррасии мардум пешниҳод кардани ягон мавзӯъ, таҳрифи факт ва ғайра ба даст меояд. Масалан, ВАО-и Ғарб дидаву дониста

барои

баррасӣ

мавзӯи

барномаи

ҳаставии

Эронро

бардоштааст ва дар атрофии он ҳангомаҳо месозад. Соли 1956 дар Венгрия медиа-кризис одамонро ба тазоҳурот бархезонд. Комиссияи СММ соли 1957 пас аз пажӯҳиши ин ҳодиса ба хулоса омад, ки радио эҳсоси дастгирии тазоҳуротгаронро ба вуҷуд овардааст.[35] Радиоҳои «Европаи озод», «Садои Америка» ва Би-Би-Си дар Венгрия медиа-кризисро ба вуҷуд оварданд ва мардум ба тазоҳурот хест, вале баъдан он аз ҷониби нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ва маҳаллӣ пахш карда шуд. Мисоли

дигари

ҷанги

иттилоотӣ

ин

барканор

кардани

президенти Индонезия мебошад. Соли 1965 хадамоти махсуси ИМА ва Британия барои сарнагун кардани президенти Индонезия Сукарно, ки аз ҳизби коммунистӣ буд, (он вақт ин ҳизб 10 миллион нафар аъзо дошта нерӯи бузурге ҳисоб мешуд) амалиёти густурдаи тарғиботиро шурӯъ карданд. Соли 1965 гурӯҳи махсуси IRD (Департаменти

34


иттилоотӣ ва пажӯҳишӣ) ва разведкаи британия MI 6 гурӯҳи махсусро барои бурдани тарғиботи сиёҳ ба Сингапур фиристоданд. Мутахассис оид ба тарғибот 100 ҳазор фунт стерлинг гирифт, то барои аз президент Сукарно халос шудан аз ҳамаи имкониятҳо истифода бикунад. Дар ин амалиёт аз медиа-кризис хеле хуб истифода намуданд. Ба мамлакат иттилои Радиои Би-Би-Си фаъолона ворид мешуд. Дар ВАО-и дохилӣ низ иттилои таҳрифшуда, аз қабили бемор будани президент ва вазифаашро иҷро карда натавонистани вай талаққӣ мегардид. «Тарғиботгарон фактҳоро аз дохили кишвар гирифта ба Лондон мефиристоданд ва аз он ҷо онҳо тавассути Радиои Би-Би-Си пас мегаштанд. Ҳамин тавр дар кишвар афкори мардум тағйир дода шуд ва президент маҷбур шуд, ки 10 марти соли 1966 вазифаашро ба генерал Сухарто бидиҳад».[36] Ин усули ҷанги иттилоотӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст ва зиёд истифода мешавад.

35


Фасли 2. МАНФИАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА РАДИО 16 марти соли 2006 мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Стивен Хэдли барномаи нави стратегии амнияти миллиро эълон

дошт.

Доктринаи

нав

тактикаи

пешинаи

зарбаи

пешгирикунандаро, ки ҳанӯз соли 2002 эълон шуда буд, идома медиҳад. Дар он Эрон сарчашмаи асосии таҳдиди амнияти миллии ИМА эълон шудааст. Ба ғайри Эрон боз 6 мамлакати дигар – Кореяи Шимолӣ, Сурия, Куба, Белорус, Бирма ва Зимбабве таҳдидгарони амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка номида шудаанд. Дар барномаи

нав

аз

Россия

тақозо

мешавад,

ки

аз

роҳи

демократикунонии ҷомеа ва озодии баён пас нагардад. Доктринаи нав вазъи имрӯзаро бо солҳои аввали «ҷанги сард» муқоиса

карда,

ҳифзи

манфиатҳои

ИМА-ро

тавассути

силоҳ

ҷонибдорӣ менамояд. Яъне ИМА акнун метавонад зидди давлатҳои ба худаш номақбул аз силоҳ истифода барад.[37] Доктринаи нави ИМА кишварҳои дигарро ҳушдор дод, ки «ҷанги сард» аз нав шурӯъ шудааст. Ба гуфти президенти Россия В. Путин ҳоло буҷаи низомии ИМА аз буҷаи ҳарбии Россия 25 маротиба зиёд аст. Ин нуктаро ба назар гирифта, Россия низ барои ҳифзи кишвари худ бояд маблағгузориро ба соҳаи низомӣ зиёд бикунад.[38] Бояд гуфт, ки яке аз сиёсатшиносони машҳури ИМА Збигнев Бжезинский ҳанӯз охири солҳои 90-уми садаи ХХ сиёсати ҷаҳонии Америкаро ҳамчун кишвари абарқудрат муайян кардааст. Ба қавли ӯ қитъаи Евроосиё дар ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад, ва ҳар давлате, ки дар ин қитъа қудрат дорад, ҷаҳонро идора мекунад. Дастрасӣ ба боигариҳои зиёди канданиҳои фоиданок, иқдидори энергетикии қитъаи мазкур таваҷҷӯҳро ҷалб мекунанд. Бжезинксий З. Иёлоти

36


Муттаҳидаи Америкаро ягона кишвари абарқудрати дунё дониста, мегӯяд: «Ягон давлат, ягон миллат дар чор ҷабҳаи асосии нерӯ – низомӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки дар таъсири сиёсӣ расонидан дар миқёси олам нақши ҳалкунанда мебозанд, наметавонад ба ИМА баробар шавад».[39] Аз ин нигоҳ Америка аллакай ба зери таъсири нуфузи худ даровардани оламро шурӯъ кардааст. Аз ҷумла, ИМА амали террористии Маркази савдоро дар Ню-Йорк (11 сентябри соли 2001) ва пасон амалиёти зиддитеррористиро барои ҳадафҳои глобалии худ истифода кард. ИМА ва кишварҳои Ғарб бо амалӣ намудани амалиёти мазкур дар солҳои 2001 ва 2002 собит карданд, ки Осиёи Марказӣ ҳадафи манфиатҳои геополитикии онҳо мебошад. Аз ҷумла, Вашингтон бо ғасби Афғонистон имкон пайдо кард, ки мазраҳои ҷанубии Осиёи Марказиро низ таҳти назорати худ дошта бошад. Ҳамчунин ИМА акнун метавонад интиқоли маводи энергетикиро аз Осиёи Марказӣ ба ҶХХ таҳти назорат бигирад ва ба ҳаракати миллӣозодихоҳӣ дар музофоти Синзян-Уйғури ин кишвар таъсир расонад. Ба ғайри ин амали мазкур мавқеи Америкаро дар минтақаи бӯҳронии Ҳиндустону Покистон мустаҳкам кард. Ин албатта, нуфузи Русияро дар ин минтақаи муҳими стратегӣ коҳиш дод. Моҳи марти соли 2006 президенти ИМА Ҷ. Буш ҳини сафараш ба Ҳиндустон созишномаи ядроиро ба имзо расонид. Ба имзо расидани созишномаи мазкур аз мақоми ядроии Ҳиндустонро эътироф кардани ИМА далолат медиҳад. Дар ин сафар номаи ҳусни тафоҳум низ ба имзо расид, ки аз ИМА харидани тайёраҳоро ҷониби Ҳиндустон дар назар дорад. Агар ин амалӣ гардад, Россия бозори

37


қариб ду миллиарддоллараи ҳарсолаи фурӯши силоҳу техникаи ҳарбиро аз даст медиҳад. Қобили зикр аст, ки тули солҳои 2002-2004 ҷараёни пуршиддати гурӯҳбандии таъсири нерӯҳо дар ин минтақа сурат гирифт: 1) вуруди низомии ИМА ва афзоиши якбораи нуфузи сиёсии вай ба як қатор кишварҳои минтақа; 2) раванди пӯшидаи дур кардани таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Русия аз минтақа; 3) ба вуҷуд омадани таҳдиди низомии ИМА ва НАТО аз Осиёи Марказӣ ба Хитой; 4) то андозае барҳам задани хатари исломӣ дар минтақа. Дар ҳамин ҳол соли 2005 ва пас аз он баъзе тағйирот дар минтақа ба вуқуъ пайваст, ки ба манфиати ИМА набуд: 1) фаъол шудани Русия дар Хитой(соли 2006-соли Русия дар Хитой); 2) аз Ӯзбекистон бароварда шудани базаи ҳарбии ИМА; 3) баста шудани шартномаи шарики стратегӣ байни Русия ва Ӯзбекистон; 4) машқҳои муштараки низомии Русияву Хитой; 5) табаддулоти ҳарбӣ дар Қирғизистон. Ҳамаи инро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати геополитикии ИМА, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрон иртибот дорад. Нерӯҳои ИМА дар Афғонистон ба таври мустаҳкам мустақар шудаанд ва ин кишварро тарк карданӣ нестанд. Баҳори соли 2006 шумораи низомиёни ИМА дар Афғонистон ба 18 ҳазор нафар расида буд. Агар ба ин теъдод боз 5 ҳазор нафар сарбози НАТО-ро зам

38


бикунем, дар Афғонистон 23 ҳазор нафар низомиён мустақар буданд. Ба ғайри ин Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар ҳудуди Афғонистон боз як қисми таъиноти махсусро ҷойгир кардааст, ки теъдоди сарбозонашро эълон намекунад. Яке аз ҳадафҳои истилои Афғонистон аз ҷониби ИМА – ин барҳам задани истеҳсолу фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир буд. Вале, ҳоло маълум мешавад, ки ин амал баръакс рӯ ба афзоиш дорад. Ба навиштаи рӯзномаи «Лос Анҷелес таймс» тӯли 5 соли охир истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон қариб 100 маротиба афзудааст. Даромади ғайриқонунӣ аз фурӯши маводи мухаддир қариб 35 фоизи даромади умумии Афғонистонро ташкил медиҳад.[40] Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ИМА дар ҷаҳон яккатозӣ мекунад. Вале аз рӯи пешгӯиҳои коршиносон аз рӯи рушди иқтисодӣ ва низомӣ Хитой аллакай дар чаҳоряки аввали садаи ХХI яке аз рақибони асосии стратегии ИМА мегардад. Ҳамин аст, ки ИМА аз ҳоло мекӯшад ба Хитой таъсир расонад. Базаҳои ҳарбии ИМА дар Афғонистон ва Қирғизистон дар ин кор кӯмак хоҳанд кард. Аз Афғонистон ба Эрон низ метавон таъсир расонид. Афғонистон дар байни пайванди Осиёи Марказӣ бо Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир буда, басо ҳам мавқеи стратегӣ маҳсуб мешавад. Ин нуктаҳоро ба назар гирифта, метавон хулоса кард, ки ИМА ҳаргиз ба ин наздикиҳо аз ҳузури низомиаш дар минтақа даст нахоҳад кашид.[41] Ӯзбекистон пас аз соҳибистиқлол шуданаш аз кишварҳои ИДМ рӯ гардонда ба Туркия ва ИМА такя мекард. Ҳукумати Ӯзбекистон умед дошт, ки ИМА барои баромадан аз бунбасти иқтисодӣ ба вай кӯмак мекунад.

Бинобар

ин

Ӯзбекистон

дар

вақти

амалиёти

зиддитеррористӣ алайҳи Афғонистон базаи ҳарбии Америкаро дар

39


хоки худ ҷойгир кард. Вале охири соли 2002 маълум шуд, ки Тошканд зери фишор ва вобастагии ИМА мондааст. Пас аз воқеаҳои Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбати Ӯзбекистон ҷанги васеи иттилоотӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ шурӯъ гардид. Ӯзбекистон ба ин амал бо баровардани базаи ҳарбии ИМА аз марзи худ посух дод. Ин дар навбати худ то андозае, мавқеи Америкаро дар минтақа коҳиш дод. Дар ҳамин ҳол ИМА дигар илоҷе наёфта, акнун ба Қазоқистон такя мекунад ва мехоҳад дар ин ҷо мустаҳкам шуда, минтақаро таҳти назорати худ гирад. Америкаро на танҳо Қазоқистон, балки ҳавзаи баҳри Каспий низ, ки манбаи нафт аст, ба худ мекашад. Ба қавли мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин Ғарб аз охири соли 2003 ба ин ҷониб дар марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сенарияҳои иваз кардани режимҳои сиёсиро амалӣ кард. Бо таъсири механизмҳои мазкур мубориза байни дохили элитаҳои ҷамоҳири осиёӣ тезу тунд мешавад. Билохира ин бозиҳои барои Осиёи Марказӣ тарҳрезишуда бад анҷом меёбанд. Ва ҳамаи гуфтугузорҳо оид ба «шарики стратегӣ» ва ваъдаҳои маблағгузории «борони доллар»-и ИМА чун нақшаи стратегӣ бетағйир мемонад.[42] Қисми шимолии уқёнуси Ҳинд (Халиҷи Форс ва кишварҳои атрофи он) дар умури ҷаҳонӣ яке аз минтақаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Аҳамияти минтақаи мазкур бештар аз мавҷудияти манбаъҳои саршори нафт дар Халиҷи Форс, ки 60 дар сади захираҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва мавқеи геостратегиаш вобаста аст. Масалан, агар Эрон истеҳсоли нафтро ба 40 фоиз коҳиш диҳад, мамлакатҳои Ғарб ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор мешаванд. Ҳамин

40


аст, ки солҳои охир ИМА мехоҳад, бо баҳонаи роҳ надодан ба сохтани яроқи ҳастаӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро ғасб намояд ва бо ин дар минтақа мавқеи гегемонӣ дошта бошад. Ҳадафҳои стратегии ИМА дар минтақа қабл аз таъмини ниёзи худ бо маводи сӯхт ва ҳифзи амнияти давлати Исроил, савдои яроқу силоҳи зиёди худ ба бозори минтақаи мазкур иборат мебошад.[43] Аз ин ваҷҳ масъалаи барномаи ҳастаии Эрон аз ҷониби Қасри Сафед чун проблемаи глобалӣ, ки ба амнияти башарӣ хатар эҷод мекунад, талаққӣ мешавад ва ИМА бо ҳар баҳона мехоҳад ба ин кишвар фишор оварад. Аз ҷумла, 16 марти соли 2006 Конгресси ИМА қонунеро ба тасвиб расонд, ки муҷозоти иқтисодиро нисбати Эрон пурзӯр мекунад. Ширкатҳое, ки маблағгузории солонаашон ба комплекси сӯзишвориву энергетикии Эрон беш аз 40 миллион доллар аст аз ҷониби ИМА ба муҷозот сазовор дониста мешаванд. Ба навиштаи рӯзномаи «Комерсант» муҷозоти мазкур бештар ба ширкатҳои «Газпром» ва «Лукойл»-и Русия таҳдид карда, имконияти аз ҷониби ширкатҳои ин кишвар сохтани нерӯгоҳҳои барқиро маҳдуд менамояд.[44] Агар

ҳаҷми

маблағгузорӣ

ба

комплекси

сӯзишвориву

энергетикии Эрон аз 40 миллион доллар зиёд бошад, ширкатҳо аз ҳуқуқи истифодаи хизмати US Export-Import Bank ва фурӯши маҳсулоташон ба сохторҳои давлатии ИМА маҳрум мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин вақт чунин маҳдудият ба маблағгузории беш аз 100 миллион доллар роиҷ буд. Дар даҳаи якуми моҳи марти соли 2006-ум маҷаллаи «Ню Йоркар» ва рӯзномаи «Вашингтон пост» мақолаи журналисти америкоӣ Саймур Ҳершро дар бораи он ки Пентагон нақшаи ба

41


иншоотҳои ҳаставии Эрон зарба заданро кашидааст, ифшо намуд. Ба қавли Радиои «Озодӣ» президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳангоми суханрониаш дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс навиштаи С. Ҳершро «овозаҳои бардурӯғ» номида, гуфт, ки ҳоло ҳукуматаш дипломатияро роҳи асосии ҳалли бӯҳрони Эрон мешуморад.[45] Дар ҳамин ҳол ба қавли С. Ҳерш тасмими Вашингтон рӯшан аст, аммо мехоҳад онро то охирин лаҳза зери шиорҳои дипломатӣ пинҳон дорад. Воқеан ҳам, палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба сарвари Пентагон Доналд Рамсфелд супориш дод, ки маърӯзаи махфиеро оид ба эҳтимолияти истифодаи нерӯро зидди Эрон тартиб диҳад. Аъзои парламент мехоҳанд, ки низомиён нақшаи ҳамаҷонибаро барои 10 сол (то соли 2016) оид ба хатари Эрон ба олам ва аксуламал ба онро пешниҳод бикунанд. Ин маърӯзаи махфӣ бояд то 31 январи соли 2007 омода карда шавад.[46] Ба навиштаи рӯзномаи британии «Гардиан» агар муносибати Америкаро бо Исроил ба назар гирем, кӯшишҳои Вашингтон дар ин арса беғаразона нест. Ақидаи он, ки ба исроилиҳо метавон силоҳи атомиро бовар карду ба арабҳову эрониҳо не, шояд барои америкоиҳо рост намояд, вале дар Шарқи Наздик чунин изҳорот дурӯғ пиндошта мешавад. Дар ояндаи дур роҳи ягона ва боадолатонаи ҳалли қазия пурра ва бечуну чаро даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ дар минтақа мебошад.[47] Барномаи ҳастаии Эрон баҳонае беш нест, – мегӯяд директори генералии Маркази омӯзиши Эрони муосир Раҷаб Сафаров. – Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро бештар таъсиси биржаи нафтии Эрон ба ташвиш овардааст. Эрон ҳоло шабонарӯзе 2,7 млн. баррел нафт содир мекунад ва агар фурӯши нафти Эрон бо евро сурат гирад, ба

42


иқтисодиёти Америка зарбаи сахт зада мешавад. Таъсиси биржаи мазкур шикасти империализми америкоӣ хоҳад буд.[48] Воқеан, Эрон биржаи нафтии худро дар минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҷазираи Киши халиҷи Форс таъсис медиҳад. Ба гуфти президент Маҳмуди Аҳмадинажод Эрон «тӯли ду моҳи наздик барои пардохти арзиши нафт ба ҳисобӣ бо евро мегузарад». Ин панҷумин биржаи нафт пас аз Ню-Йорк, Лондон, Сингапур ва Токио мешавад. Ба ғайри ин Туркия, Эрон ва Покистон тасмим гирифтаанд, ки барои зид истодан ба сиёсати ИМА бонки тиҷорат ва ҳамкориро бо маблағи аввалияи 1 млрд. доллар таъсис бидиҳанд. Муассисони эҳтимолии бонки мазкур аъзои Созмони осиёгии ҳамкории иқтисодӣ: Афғонистон,

Озарбойҷон,

Эрон,

Қазоқистон,

Қирғизистон,

Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Покистон ва Ӯзбекистон буда метавонанд.[49] Россия низ тасмим дорад, ки барои таъмини амнияти иқтисодии худ ва баланд бурдани қурби рубл биржаи нафтӣ таъсис диҳад. Президенти Россия В. Путин дар як ҷаласа гуфт, кишварҳое, ки нафт надоранд, онро мефурӯшанд. Чаро мо яке аз содиркунандагони нафт онро ба хориҷа бурда фурӯшем? Мо биржаи нафтии худро таъсис медиҳем ва нафтро ба рубл мефурӯшем, гуфт В. Путин.[50] Воқеан ҳам, таъсиси биржаи нафтии Эрон ва Россия, даст кашидан аз истифодаи доллар дар ин биржаҳо ба иқтисоди ИМА таъсири амиқи манфӣ мерасонанд. Собиқ генерали разведкаи берунии Иттиҳоди Шӯравӣ Евстафев Г. низ ақидаи барои нафт ҷангҷӯӣ кардани Америкаро ҷонибдорӣ мекунад. Ба қавли вай ҳадафи ИМА сарнагун сохтани режими имрӯзаи Эрон ва зери назорати худ гирифтани захираҳои нафту гази

43


кишвар мебошад. Ҳамчунин истифодаи ҳудуди вай барои интиқоли нафту газ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Каспий бо роҳи кӯтоҳтарин мусоидат менамояд. Аз нигоҳи ҳарбӣ низ ҳузури ИМА дар ин мамлакат аҳамияти калони стратегӣ дорад.[51] Россия ҳоло ягона кишварест, ки метавонад ин муноқишаи Эрону Америкаро ба сулҳ ва ё ҷанг оварад. Зеро Россия ягона истгоҳи атомии барқиро дар Бушери Эрон сохта истодааст ва ҳар замон метавонад сохтмонро боз дорад ва ё қатъ бикунад. Набояд фаромӯш кард, ки дар вазъи феълӣ аз Америка дида Эрон барои Россия заруртар аст. Аз ҷумла, Эрон барои Россия дар халалдор кардани модели америкоии истифодаи захираҳои бузурги нафти баҳри Каспий аҳамияти стратегӣ дорад. Пас аз даст додани кишварҳои «дӯсти араб» ва муштариёни маҳсулот Эрон барои Россия метавонад чун пуле ба Шарқи Наздик, Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд хизмат бикунад. Ҳамчунин пас аз суст шудани мавқеи ИМА дар Ироқ Эрон метавонад ягона кишвари минтақа бошад, ки дар ин ҷо нуфуз дошта бошад. Дар ин ҳол вақти коркарди нафти кони Маҷнун, ки дар ду тарафи сарҳади Эрону Ироқ ҷойгир аст, Россия метавонад шарики стратегии Эрон гардад. Ба қавли коршинос Амир Тоҳирӣ Россияву Эрон байни худ ба 80 млрд. доллар шартномаи тиҷоратӣ барои 10 сол бастаанд. Эрон ҳоло барои Россия бозори бузурги фурӯши силоҳ ва техникаи ҳарбӣ аст. Ҳамчунин Россия ният дорад, ки аз 7 истгоҳи барқии атомии банақшагирифтаи Эрон қисми зиёдашро бисозад. Ҳоло беш аз 30 ҳазор мутахассисони ҳарбӣ ва мулкии Россия дар Эрон кор мекунанд. Ҳамаи ин албатта, барои Россия манфиатнок будани Эронро собит мекунад.[52]

44


Дар ҳамин ҳол Ҳукумати ИМА ба ҳар роҳ мехоҳад, ки Эронро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо бикунад ва намонад, ки бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ намояд. Масалан, маъмурияти президенти ИМА зидди воридшавии Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай аст. Ёвари котиби давлатии ин кишвар оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Ричард Баучер дар мусоҳиба ба хабарнигори ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки узви ин созмон шудани Эрон ин як минбари дигарест, барои таҳмили идеяҳои худ.[53] Бояд гуфт, ки Россия, Қазокистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Хитой ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Эрону Ҳиндустон ва Покистон бошанд, дар ин созмон мақоми мушоҳидро доранд. Албатта, кишварҳои мушоҳид метавонанд узви доимии СҲШ шаванд. Қобили зикр аст, ки дар тӯли бӯҳрони моҳи майи соли 2005-уми шаҳри

Андиҷони

Ӯзбекистон

хабарнигорони

Радиои

«Озодӣ»

таҳаввулотро пайваста пайгирӣ мекарданд ва дар гузоришҳо созмонҳои ҳуқуқи башар нерӯҳои ҳукумати Ӯзбекистонро дар он муттаҳам мекарданд, ки садҳо тан аз мардуми осоиштаро ҳадафи тир қарор доданд. Моҳи сентябри соли 2005 вақте ки 15 нафар гумонбар ба даст доштан дар нооромиҳои Андиҷон мавриди муҳокима қарор доштанд, Додситони Ӯзбекистон хабарнигорони радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си, «Мавҷи Олмон» ва Оҷонсии «Ассошиэйтед пресс»-ро дар кӯмак кардан ба террористон дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам намуд. Хабарнигори Би-Би-Си оид ба водии Фарғона Матлуба Азаматова, ки пас аз воқеаҳои Андиҷон иҷборан Ӯзбекистонро тарк кардаст, мегӯяд, ки дар суд камаш 4 нафар ӯро дар ҳамкорӣ бо террористон муттаҳам

45


карданд. Моҳи май мусоҳибони ман, ки худро дар эфир бизнесмен номида буданд, акнун баъди боздошт шуданашон пайрави «акрамия» мегӯянд.[54] Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон соли 2005, дар рӯзи қабули Сарқонуни кишвар гуфта буд, ки «… имрӯз он касе, ки расонаҳои хабариро таҳти назорат дорад, фазои иттилоотиро назорат мекунад. Аз ин тариқ ба дигарон нуфуз мекунад ва ҷаҳонро ҳукмронӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо бисёр заиф мондаем».[55] Пас аз воқеаи Андиҷон Ҳукумати Ӯзбекистон кӯшиш кард, ки фаъолияти созмонҳои хориҷӣ дар кишвар маҳдуд гардад. Ҳамин тавр сайти ӯзбекии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Британия дар Интернет баста

шуд.

Моҳи

сентябри

соли

2005

фаъолияти

созмони

ғайридавлатии америкоии таълимӣ – «IREX» (Айрекс) барои 6 моҳ манъ гардид. Моҳи октябр бошад, дафтари созмони америкоии «Интернюс Нетуорк» ва дафтари Радиои Би-Би-Си баста шуд. Моҳи декабр Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон эътиборномаи фаъолияти дафтари Радиои «Озодӣ»-ро дар Тошканд тамдид накард. Ҳамаи ин созмонҳо ба иттиҳоми берун аз чаҳорчӯбаи фаъолияташон амал кардан хориҷи Ӯзбекистон гардиданд. Соли 2006 низ якчанд созмони байналхалқӣ фаъолияташонро дар Ӯзбекистон қатъ карданд. Аз ҷумла, 8 марти соли 2006 созмонҳои америкоии «Freedom House» (хонаи озодӣ) ва «Eurasia Foundation» (хазинаи Евразия) фаъолияташонро дар Ӯзбекистон қатъ карданд. Додситонии шаҳри Тошканд моҳи январи соли 2006 созмони «Freedom House»-ро ба иттиҳоми ба муҳофизони ҳуқуқ бепул муҳайё намудани Интернет ба мӯҳлати 6 моҳ фаъолияташро боздошта буд.

46


Хазинаи «Eurasia Foundation» бошад, барои қонуншиканӣ ҳини бақайдгирии намояндагиаш ва гузаронидани семинарҳо бе иҷозати мақомоти расмӣ муттаҳам шудааст. Хазинаи мазкур аз ҷониби буҷаи давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад. 17 майи соли 2006 фаъолияти ТҒД-и америкоии CAFE (табодули озоди Осиёи Марказӣ) дар Ӯзбекистон қатъ карда шуд. Ба иттилои Вазорати адлияи кишвар созмони мазкур ба аз дини ислом баровардани шаҳрвандон машғул будаанд, ки ин зидди қонунҳои амалкунанда мебошад. Ба қавли хабарнигорони «Мавҷи Олмон» Н. Бушуева ва В. Волков корманди Радиои «Озодӣ» ба онҳо гуфтааст, ки дар ҷараёни баррасии қазияи ҷиноӣ оид ба воқеаҳои Андиҷон дар Суди олии Ӯзбекистон яке аз маҳкумшудагон журналистони дафтари тошкандии Радиои «Озодӣ»-ро дар пешакӣ донистан ва гузашта аз ин дар омода кардани исён дар Андиҷон муттаҳам кардааст.[56] 30-31 марти соли 2006 дар шаҳри Вена конфронси дифоъ аз ҳимоягарони

ҳуқуқ

баргузор

гардид.

Дар

он

раиси

Гурӯҳи

ҳимоягарони мустақили ҳуқуқи Ӯзбекистон Сурат Икромов маърӯза карда, боз аз воқеаҳои Андиҷон ёдовар шуд. Ӯ Ҳукумати Ӯзбекистонро дар пароканда кардани тазоҳурот ва бастани дафтарҳои созмонҳои хориҷӣ аз қабили «Freedom House», «Eurasia Foundation», Радиои «Озодӣ» ва ғайра муттаҳам кард. С. Икромов дар охири маърӯзааш аз САҲА хоҳиш кард, ки нисбати роҳбарият ва Ҳукумати Ӯзбекистон чораҳоӣ қатъӣ андешад.[57] Ба навиштаи рӯзномаи «Вашингтон Таймс» «Роҳбарони як қатор давлатҳои собиқ шӯравӣ аз ҷумла, президенти Россия Владимир Путин ҳукумати кишварҳои Ғарбро дар истифодаи созмонҳои

47


ғайридавлатӣ барои расонидани кӯмак ба ҳаракатҳои мухолифин, ки ҳадафашон сарнагун кардани ҳукуматҳои феълӣ мебошад, муттаҳам намуд».[58] Ба гуфти корманди Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс Фредерик Старр ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ созмонҳои ғайридавлатии хориҷиро олоти ҳамон кишварҳо медонанд: «Гуфтаҳое, ки ин созмони ғайридавлатӣ аст, касеро бовар намекунонад, зеро ҳамаи ин созмонҳо аз ҳисоби давлатҳои ҳамон кишварҳо маблағгузорӣ мешаванд».[59] Воқеан ҳам, созмонҳои байналхалқии хориҷӣ дар ин ё он кишвар пеш аз ҳама ҳадафҳои худро пиёда мекунанд. Собиқ вазири молияи Афғонистон дар мусоҳибаи худ ба Радиои Би-Би-Си аз фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бюрократия дар фаъолияти онҳо самараи кори онҳоро коҳиш медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки агар мо барои сохтмони 1 мактаб 40 ҳазор доллар масраф кунем, хориҷиён барои ин 250 ҳазор доллар ҷудо мекунанд, ки қисми зиёдашро маоши худашон ташкил медиҳад. 80 фоизи маблағҳое, ки барои Афғонистон ҷудо шудаанд, ба маош, мошин ва виллаҳои қиматбаҳои хориҷиён сарф мешавад.[60] Кишварҳои

абарқудрати

Ғарб

беҳуда

барои

«дастгирии

демократия» созмонҳои ғайридавлатиро маблағгузорӣ намекунанд. Онҳо ин созмонҳоро барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии давлатиашон истифода менамоянд. Худи демократия чун олоти ба сари қудрат омадани мухолифини ҳукумат мавриди истифода қарор мегирад. Ба

қавли

рӯзномаи

«Известия»

«Ғарб

ҳамон

созмонҳои

ғайридавлатӣ ва муҳофизони ҳуқуқро дастгирӣ мекунад, ки на танҳо ба тарғиби арзишҳои аврупоӣ, балки ба барангехтани худшиносии

48


миллӣ, вайрон кардани эҳсосоти ватанпарастӣ, барҳам задани эътимод ба бузургии Россия равона шудаанд».[61] Созмони мустақили ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон (СМҲИӮ) 12 декабри соли 2005 ба номи сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр, сафири Британияи Кабир дар Ӯзбекистон Девид Морган, ва Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳороте пахш кард. Дар он аз ҷумла, гуфта

мешавад,

ки

«Ҳукуматҳои

ИМА,

Британияи

Кабир,

Швейтсария, САҲА, созмонҳои америкоии дифои ҳуқуқ «Хюман Райтс Вотч», «Фридум Хаус», Радиои америкоии «Озодӣ», Радиои бритонии Би-Би-Си ва ғайра ҳуқуқи инсонро барои ҳадафҳои сиёсии худ ҳамчун «калтаки сиёсӣ» зидди давлату ҳукуматҳои ба худ номувофиқ, барои дахолат ба корҳои давлатҳои мустақил ба мисли Ӯзбекистон

истифода

мебаранд.

СМҲИӮ

қатъиян

зидди

сиёсигардонии дифои ҳуқуқ ва экспорти демократия ба тарзи ғарбӣ, хусусан ҳар гуна инқилобҳои «ранга» ба Ӯзбекистон мебошад, зеро онҳо ғайритамаддунӣ буда ба натиҷаҳои бад меоранд». Сарварони СМҲИӮ М. Ардзинов, И. Адилов ва И. Турсунов, ки ҳама собиқадорони мухолифин ва дифои ҳуқуқ маҳсуб мешаванд, ҳамчунин дар изҳороти худ менависанд, ки «ҳукумат ва Сафорати Британияи Кабир дар ин ҷо тундгароён, мутаассибони динӣ, ҳуқуқдифоъгарони дурӯғин ва сиёсатбозонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд»[62]. Ҳукумати Ӯзбекистон барои коҳиши дахолати хориҷиён ба корҳои дохилии кишвар ба ғайр аз бастани офисҳои созмонҳои хориҷӣ боз тадбирҳои дигар андешид. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ӯзбекистон моҳи марти соли 2006 фаъолияти журналистони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар маҳдуд карда шуд. Акнун бе сабти ном дар

49


Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ наметавонанд ба фаъолияти журналистӣ машғул шаванд. Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон пас аз қабули қарори мазкур метавонад, иҷозатномаи фаъолияти журналистонро ба иттиҳоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ё дахолат ба корҳои дохилии кишвар лағв намояд. Аз ҷумла, 14 март Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон корти сабти номи хабарнигори Радиои «Мавҷи Олмон» Обид Шабановро барои «паҳн қардани хабари дурӯғ оид ба дар моҳи январ дар хунукӣ дар биёбони Устюрт ба ҳалокат расидани 30 нафар мусофири автобуси вайроншуда» лағв намуд.[63] Пас аз воқеаи Андиҷон як қатор хизматгорони хоҷаҳои хориҷӣ Ӯзбекистонро тарк карда, дар кишварҳои Ғарб паноҳ бурданд ва аз он ҷо тарғибот мебаранд. Аз ҷумла, мудири дафтари Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Британия дар Ӯзбекистон Галима Бухорбоева пас аз баста шудани ин созмон дар Тошканд дар ИМА паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтааст ва ҳоло донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи Колумбия мебошад. Ӯ дар ин ҷо созмони «Press Freedom Group Andijan-2005» (гурӯҳи матбуоти озоди Андиҷон-2005)-ро таъсис додааст ва алайҳи Ӯзбекистон фаъолият мебарад. Аз ҷумла, 6 марти соли 2006 дар Донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк бо сарпарастии Институти Харримани донишгоҳи мазкур конфронсе бо унвони «Ӯзбекистон ва куштори Андиҷон пас аз як сол: сиёсати фоҷиа» баргузор гардид. Конфронсро Галима Бухорбоева ифтитоҳ намуда дар бораи воқеаи 13 майи соли 2005 дар Андиҷон нақл кард. Ӯ гуфт, ки тазоҳуроткунандагон аз вазъи ноҷӯри зиндагӣ, нодориву бекорӣ ва озодии сухан ба майдон баромада буданд. Вале ҳукуматдорон онҳоро ҳадафи тир қарор доданд.

50


Профессори ҳамин донишгоҳ Питер Синнотт дар конфронс мавзӯи «Ӯзбекистони каримовӣ ва сиёсати ахлоқ»-ро баррасӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки «чаро ин ҳодиса таҳқиқ нашуд ва кӣ барои ин ҷавоб мегӯяд?» . Муҳаққиқи мактаби пажӯҳишҳои Шарқу Осиёи Донишгоҳи Лондон Илҳомов бошад дар маърӯзаи худ ҷараёни «Акрамия»-ро, ки тазоҳуроти Андиҷонро баргузор карда буд, ҳаракати муътадили исломӣ номид.[64] Дар ҳамин ҳол воқеаи 13 майи соли 2005 дар Андиҷон аз ҷониби оилаи собиқ шавҳари Гулнора Каримова шаҳрванди ИМА Мансур Мақсудӣ маблағгузорӣ шудааст, гуфтааст соҳибкори ӯзбек Руслан Саидов. Ба қавли Руслан охири моҳи апрели соли 2005 вай барои тиҷорат ба пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул рафта будааст. Бо ӯ дар ин ҷо шаҳрванди ИМА «ҷаноби Равшан» мулоқот кардааст. Ҳини сӯҳбат маълум шудааст, ки оилаи Мақсудӣ дар якҷоягӣ бо «одамони воломақоми Ӯзбекистон» ва дастгирии намояндаҳои артишу разведкаи ИМА ва Британия дар Афғонистон тазоҳуротеро дар Ӯзбекистон ба нақша гирифтаанд. Маблағгузории ин амалиётро оилаи Мақсудӣ ба ӯҳда гирифтааст.[65] Бояд зикр кард, ки Мансур Мақсудӣ ва падараш барои ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешаванд. Васоити ахбори хориҷӣ пас аз воқеаҳои моҳи майи соли 2005-уми Андиҷон таваҷҷӯҳашонро ба Ӯзбекистон бештар равона кардаанд. Бахусус Радиои «Озодӣ» бо дарёфти аввалин фурсат ҳукумати ҷумҳурии мазкурро зери танқид мегирад ва ба ҳар роҳ онро манфӣ муаррифӣ менамояд. Масалан, 30 марти соли 2006 аз тариқи Радиои «Озодӣ» табсираи Бреффнӣ О. Рурк пахш шуд. Дар он муаллиф бо

51


овардани нуқтаи назари чанд нафар коршиносони Британия вазъи Ӯзбекистонро ноорому муташанниҷ мегӯяд. Ӯ аз қавли таҳлилгари англис Ҷеймс Никсей меафзояд, ки «…нуфузи Ғарб болои Тошканд коҳиш ёфтааст. Аз ин сабаб Ғарб бояд тавассути гурӯҳҳое чун «ҳаштгона»-и саноатӣ Маскавро ташвиқ намояд, то Ҳукумати Ӯзбекистонро ба гирифтани мавқеи мӯътадил водор кунад». Воқеан, ҳамин вақт роҳбарии «ҳаштгона» ба Россия гузашта буд ва кишварҳои мутараққии Ғарб метавонистанд тавассути ин созмон ба Ӯзбекистон фишор оваранд. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки муаллиф ҳамоиши Ӯзбекистонро ба созмони «Евроазия» намеписандад. Вай мехоҳад, ки ин кишвар боз зери таъсири Ғарб бошад. Муаллифи табсира дар охир аз қавли собиқ комиссари корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Крис Патен ба пуштибонӣ аз расонаҳои мустақили хабарӣ дар дохили Ӯзбекистон ва пахши барномаҳои радио аз берун ба ин кишвар даъват менамояд.[66] Албатта, пахши чунин табсира дар радиои америкоӣ бесабаб нест. Охири моҳи феврали соли 2006 Конгресси ИМА лоиҳаи қонунро бо унвони «Акт дар бораи демократия ва ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» ба тасвиб расонид. Тибқи санади мазкур барои дастгирии барномаҳои гуногун барои дастгирии демократия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамасола 188 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Маблағи мазкур барои кӯмаки молӣ ба созмонҳои ғайридавлатие, ки барои роҳандозии демократия ва ҳифзи ҳуқуқ амал мекунанд, ҳамчунин таъсиси васоити ахбори оммаи мустақил, дастгирии

52


созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, назорат вақти интихобот, мубориза алайҳи коррупсия ва ғайра масраф мешавад. Тибқи санади мазкур агар ҳар сол президенти ИМА пеши конгресс пешравиро дар соҳаи демократия дар ин ё он кишвари Осиёи Марказӣ таъид накунад, маблағгузорӣ барои соли оянда ба 33 фоиз коҳиш дода мешавад. Агар соли дуюм ҳам чунин пешравӣ дар демократикунонии ҷомеа ба назар нарасад, маблағгузорӣ ба ин кишвар ба 66 фоиз коҳиш меёбад ва соли сеюм кӯмаки ИМА умуман қатъ карда мешавад. Ба иттилои Бюрои барномаҳои иттилоотии байналхалқии Департаменти давлатии ИМА дар Конгресс Қонун «Дар бораи маблағгузории

пешрафти

демократия

ва

ҳуқуқи

инсон

дар

кишварҳои Осиёи Марказӣ» баррасӣ шудааст. Тибқи қонуни мазкур то аз ҷониби котиби давлатӣ муайян кардани он, ки ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон риоя мешавад, ба ҳукумати ин кишвар додани маблағ манъ аст. 28 феврали соли 2006 Оҷонсии интернетии ЦентрАзия дар такя ба Лента.Ру хабар дод, ки аз рӯи «Акт»-и мазкур дар соли 2006 ва солҳои минбаъда барои пахши барномаҳои радиоҳои «Садои Америка» ва «Озодӣ» ба забонҳои 5 давлати Осиёи Марказӣ ҷудо кардани на камтар аз 15 миллион доллар дар назар аст. Воқеан ҳам, давлатҳои абарқудрат таъсиррасонии худро ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои рақиб ва манфиатнок афзоиш медиҳанд. Масалан, ба иттилои сайти ЦентрАзия аввали моҳи марти соли 2006 дар Вашингтон ва Британияи Кабир ҷаласаи пӯшида бо иштироки лидерони созмонҳои ҷавонони як қатор кишварҳои ИДМ, намояндаҳои дафтарҳои созмонҳои хориҷӣ дар давлатҳои Осиёи

53


Марказӣ, Департаменти давлатӣ ва Конгресси ИМА, Институти миллии демократия, Оҷонсии рушди байналхалқии ИМА, роҳбари созмони «Freedom House» ва ғайра баргузор гардид. Онҳо аз инқилобҳои рангаи Гурҷистону Украина ва Қирғизистон илҳом гирифта, тавсеаи ин иқдомро тарҳрезӣ карданд. Аз ҷумла, дар ин вохӯрӣ дар бораи хариди саҳмияҳои корхонаҳои бузург бо мақсади минбаъд фишор овардан ба саҳҳомон барои амалӣ намудани манфиатҳои худ, ташкили судҳои байналхалқии арбитражӣ барои шикастани эътимоди сармоягузорони хориҷӣ сухан рафт. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ташкили фишор аз дохил ба роҳбарияти мамолики ИДМ нақши асосӣ мебозад. Барои амалӣ кардани ин нақша баҳонаҳои гуногун, ки мардумро ба коршикании коргарон, эътирози донишҷӯён меорад, истифода хоҳад шуд. Вазифаи созмонҳои байналхалқӣ бошад, аз расонидани таъсир ба элитаи сиёсӣ, ташкили блоки мухолифини ҳукумат иборат аст, ки онҳоро ҳаракатҳои

ҷавонон

ва

васоити

ахбори

мустақил

дастгирӣ

менамоянд.[67] Воқеан, барои бурдани тарғибот бо ибтикори Комиссияи аврупоӣ аз 26 феврали соли 2006 барои Ҷумҳурии Белорус радиои нав ба пахши барномаҳо шурӯъ кард. Ҳадафи радиои мазкур, ба қавли муассисон, дар арафаи интихоботи президентӣ ва пас аз он пахш кардани иттилои алтернативӣ барои шунавандагони кишвар аст. Ҳамчунин номзадҳои мухолиф аз радиои мазкур чун минбари озод метавонанд истифода баранд. Барномаҳои радио дар Полша омода гардида, тавассути Литва ба мавҷи миёна пахш мешаванд, то ки тамоми Белоруссияро фаро гиранд. Барномаҳои радиои мазкур ҳамарӯза як соат ба забони белорусӣ ва русӣ пахш мешаванд. Ба ин

54


мақсад Иттиҳоди Аврупо 2 миллион евро ҷудо кардааст. Лоиҳаи мазкур ҳоло барои 2 сол пешбинӣ шудааст. Ба иттилои хабарнигории Рейтер ҳафтаи пешазинтихоботӣ дар Белорус маъмурияти Қасри Сафед президенти ин кишвар Александр Лукашенкоро «охирин диктатор дар Аврупо» номид. Маъмурияти Буш маърӯзаи махсусеро гӯё оид ба силоҳфурӯшии Белорус ба Эрон ва Сурия ба Конгресс фиристод. Дар баробари ин ҳодиса А. Лукашенко президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Бушро «террористи рақами якум дар сайёра» номид.[68] Фишороварӣ ба Ҳукумати Белорус на танҳо аз тарафи ИМА, балки аз ҷониби дунболаравонаш низ сурат мегирифт. Масалан, Президенти Гурҷистон М. Саакашвилӣ, ки дар натиҷаи як табадулоти давлатӣ бо кӯмаки бевоситаи ИМА ба сари қудрат омадааст ва чун президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дастнишондаи Америка мебошад, дар арафаи интихоботи президентии Белорус чунин изҳор намуд: «Белорус ин ягон нози Гурҷистон нест. Ин масъалаи бунёдӣ буда, бо озодшавии халқи Белорус ва билохира бо муттаҳид шудани Аврупо ҳал мешавад».[69] Дар робита ба ин президенти Ҷумҳурии Белорус А. Лукашеко изҳор дошт, ки бо пули америкоӣ аз Гурҷистон омада ин ҷо тартибот ҷорӣ карданианд. Ин ба касе даст намедиҳад. Мо намемонем, ки касе вазъи кишварро ноором кунад, гуфт ӯ. Ба қавли президент вай огоҳ аст, ки баъзе шаҳрвандони Гурҷистон ба Белорус омада ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштирок карданианд. Воқеан, депутатҳои парламенти Гурҷистон, ки барои назорат ба интихоботи президентӣ ба Белорус омада буданд, аз аэропорт пас

55


гардонида шуданд. Ҳамчунин марзбонони Белорус ворид шудани нозирони Полшаро ба хоки кишварашон намонданд. 19 марти соли 2006 дар интихобот бар маснади раиси ҷумҳури Белорус президенти вақт А. Лукашенко бо 83 фоиз овозҳо пирӯз шуд. Мухолифини ҳукумат шоми ҳамон рӯз ба нияти эътироз даст ба гирдиҳамоӣ

заданд.

Номзадҳои

мухолиф

дар

интихобот

А.

Милинкевич ва А. Козул ҷонибдоронашонро ба ин гирдиҳамоӣ хонданд. Нерӯҳои милиса 24 март дар 15 дақиқа гирдиҳамомадагонро аз майдони Октябр тоза карда, ба гуфти хабарнигорони Радиои «Озодӣ» (РО.-2006.-25 март.) беш аз 200 нафарро боздошт намуданд. Мухолифини президент Лукашенко 25 март боз ҷонибдорони худро ба майдон хонданд. Издиҳом бо роҳбарии номзади мағлуб бар маснади раиси ҷумҳури Белорус Александр Казулин ба сӯи боздоштгоҳи милиса раҳ гирифтанд. Пеши онҳоро милиса гирифт ва тазоҳуротгаронро пароканда кард. Роҳбари мухолифин А. Казулин аз ҷониби милиса ба иттиҳоми авбошӣ боздошт шуд.[70] Рӯзҳои интихобот ва баъди он Радиои «Озодӣ» тарғиботи густурдаро нисбати Ҷумҳурии Белорус роҳандозӣ намуд. Барои мисол мо як мусоҳибаи масъули барномаи «Ояндасоз»-и Радио «Озодӣ» Хиромони Бақозодаро аз 20 марти соли 2006-ум ин ҷо меорем: «Дар ҳоле ки Александр Лукашенко пирӯзии худро дар интихоботи

ахири

раёсатҷумҳури

Белорус

таҷлил

мегирад,

мухолифини ин кишвар бо роҳбарии Александр Милинкевич рӯйдодҳои 19 марти ин кишварро тасарруфи ғайриқонунии қудрат ном кардааст. Ҳанӯз соатҳо қабл аз нашри натиҷаҳои муқаддамотии интихобот аз ҷониби Комиссиюни интихоботи Белорус як созмони

56


ҷавонони

марбут

ба

ҳукумати

ин

кишвар

пирӯзии

комили

Лукашенкоро пешгӯӣ намуд. Дар посух мухолифини ҷавони ин кишвар, ки аз номзадии Милинкевич пуштибонӣ мекунанд, ин натиҷаҳоро эътироф накарданд ва онро як амали таҳқиркунандаи шаъни афроди демократ арзёбӣ намуданд. Шоми душанбе ҷунбиши муқовимати ҷавонон бо номи «Зубр», ин гурӯҳ ва аҳзобу ҳаракати мухолифини белорус дар майдони Октябри

шаҳри

Минск

тазоҳуроти

эътирозии

худро

алайҳи

натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ташкил намуданд. Олес Орашенков, як узви фаъол ва котиби матбуотии ин ҷунбиш розӣ шуд ба саволҳои барномаи «Ояндасоз» посух диҳад. Аз ӯ пурсидам, талаби аслии тазоҳургарон чист? Олес Орешников: -Талаби мо ин аст, ки тамоми баргаҳои рой аз нав ҳисоб карда шаванд ва агар ин ғайримумкин буд, пас ройдиҳии дубора сурат гирад. Мо талаб дорем, ки ба мо натиҷаҳои интихоботи озодро пешкаш кунанд. Мо намедонем, ки ин ниҳод бояд худаш тасмим гирад, ки бо чӣ роҳ иштибоҳҳои худро ислоҳ хоҳад кард. Садои мо бояд чунон баланд бошад, ки на комиссиюни интихобот ва на дигар мақомоти давлатӣ ёройи сарфи назар кардани садои моро надошта бошанд. «Ояндасоз»: – Олес, интизори шумо чист? Чӣ теъдод ҷамъияти Белорус аз шумо пуштибонӣ мекунаду даъвати майдонро мепазирад? Олес Орашенков: -Мо, албатта, умед дорем, ки мардуми зиёд ба намоиши мо ҳозир хоҳад шуд. Дирӯз новобаста ба ин ки мақомот мардумро алайҳи мо таблиғ мекарданду ҳатто овозаҳоеро мисли таркишҳову амалиёти террористӣ паҳн мекарданд, ҳазорҳо нафар тарсу ҳароси худро фурӯ нишонда дар ҳамоиши мо ҳозир шуданд. Аз

57


ҳамин рӯ умедворем, ки имрӯзу рӯзҳои минбаъда ҳам мардуми зиёд ҷамъ омада, бекор шудани натиҷаҳои интихоботро талаб хоҳанд кард. «Ояндасоз»: – Аслан мухолифин ба пуштибонии кадом нерӯҳо умед мебанданд? Олес Орашенков: – Имрӯз лаҳзаҳое расидааст, ки нақши мардум, шаҳрвандони маъмулӣ хеле боло рафтааст. Вақти он расид, ки мардум эътирози худ, иродаи қавии худро намоиш диҳанд, ки то куҷо аз хостҳои худ ҳимоят мекунанд. Мо солиёни зиёд дар ин самт фаъолият кардем ва дуруст аст, ки танҳо бо талоши созмонҳову ҷунбишҳои сиёсӣ намешавад ба ҳадаф расид. Иродаи қавии мардум ва доираҳои васеи ҷомеа лозиманд, ки як таҳаввуле сурат бигирад. Мо ҳар кори мумкинро анҷом додем ва дар оянда ҳам фаъолиятҳои худро идома хоҳем дод, аммо ҳарфи аслиро бояд мардум бигӯяд. «Ояндасоз»: – Олес, оё шумо ин эҳтимолро мебинед, ки эътирозҳо метавонанд ба хушунат гараванд? Олес Орашенков:- Албатта, чунин хатар вуҷуд дорад. Аммо агар ҳамоиши дирӯзаро ба ёд оварем, мебинем, ки ҳама бо як рӯҳияи сулҳомез ҷамъ омада буданд. Ман ба чеҳраҳои кормандони нерӯҳои интизомӣ менигаристам ва баъдан ҳамроҳ бо чанд нафарашон ба хона бармегаштам. Ман дидам, ки дар зеҳни онҳо як тағйироте сурат мегирад, онҳо базуддӣ дар фикри он мешаванд, ки мавқеи худро тағйир диҳанд. Онҳо медиданд, ки дар майдон на афроди авбошу террорист ва на ҷосусҳои Ғарб ҷамъ омадааст, балки онҳо шаҳрвандони

ҳақиқии

кишвар

ҳастанд,

ки

аз

сарнавишти

кишварашон дар изтироб ҳастанд. «Ояндасоз»:- Аксар таҳлилгарон мегӯянд, агар эътирозе ҳаст, бештар иҷтимоист, то сиёсӣ. Оё ин дуруст аст?

58


Олес Орашенков: – Вазъи иқтисодии Белорус чандон бад нест. Мардуми Белорус ҳеҷ гоҳ зиндагии бад надошт. Аммо ин хизмати Лукашенко нест, балки заҳмату талошҳои падару бобоёни мо аст. Маоши миёнаи мардум 100-200 доллар аст. Аммо бубинед, ки чӣ таҳаввулоте ҳамдунаро ба инсон табдил дод. Ин хоҳиши шадиди чашидани банани ширинтар буд. Мардум ҳам мехоҳад, ки зиндагии худро беҳбуд бахшанд ва на он ҷонзоде бошад, ки бишинаду ба шароити мавҷуда қаноат кунад ва он чиро бихӯрад, ки барояш медиҳанд. Албатта, мо мехоҳем зиндагии беҳтару хубтар дошта бошем».[71] Дар мусоҳибаи мазкур кодекси ахлоқи касбӣ, ки Радиои «Озодӣ» қабул кардааст, чандҷониба халалдор шудааст. Аввалан, тибқи кодекси номбурда «Дар барномаҳо набояд маводе, ки таҳриккунандаи зӯроварӣ ва барангезандаи душманӣ дорад, истифода шаванд. Ҳамагуна хабар, ки аз муноқиша ва аз вазъияти муташанниҷ иттилоъ медиҳад, бояд ба факт асос ёфта, тавозун риоя шавад».[72] Яъне дар ҳамин ҳолат, вақте ки мусоҳиба бо як нафар мухолифини ҳукумат пахш шуд, бояд мусоҳибаи дигаре аз ҷониби ҷавоне, ки ҳукуматро дастгирӣ мекунад, садо медод. Агар мусоҳиб назари тарафи сеюмро, ки ба ин воқеаҳо андешаи дигар дорад, мегирифт, барнома пурра ва беғаразона мешуд. Дуввум, аз рӯи кодекси касбии ахлоқии Радиои «Озодӣ» «радиостансия ягон мавқеи вижаи ҳизбӣ, иқтисодӣ ё диниро дастгирӣ ва тарғиб наменамояд». Вале дар мусоҳибаи мазкур дастгирӣ ва тарғиби мухолифини Ҳукумати Белорус ба назар мерасад.

59


Сеюм, Радиои «Озодӣ» бинобар тақозои кодекси мазкур номзадҳо ба вазифаҳои интихобӣ ва таъиноти расмиро дастгирӣ наменамуд ва мухолифи онҳо маъракаи сиёсӣ намебурд. Фактҳо аз он далолат медиҳанд, ки тазоҳурот аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ тарҳрезӣ шуда, аз тарафи ВАО-и хориҷӣ дастгирии тарғиботӣ

меёфтанд.

Ҳамчунин

мухолифини

ҳукумат

гирдиҳамомадагонро бо пардохти пул ба майдон кашида будаанд. Ба гуфти сардори идораи идеологии маъмурияти президенти Ҷумҳурии Белорус барои инқилоби барпонагаштаи кишвар ба мухолифин аз мамолики Ғарб 12 миллион доллар ҷудо шуда буд. Барои як шабонарӯз дар ҳавои сард, дар шаҳраки хаймавӣ истодан ба мухолифин 500 доллар ваъда карда буданд. Албатта, ин маблағ барои ҷавонони бекор ва танбал пули калон аст ва онҳоро ба ин амал ҷалб менамояд. «Дар ҳамин ҳол бо аксари тазоҳуротгарон ҳисобӣ накарданд. Худи роҳбари мухолифин А. Милинкевич ягон шаб ҳам дар ин майдон хоб накардааст».[73] Воқеан, аз мусоҳибаи мухбири Радиои «Озодӣ» Х. Бақозода бо котиби матбуотии ҷунбиши муқовимати ҷавонони Белорус-«Зубр» О. Орашенков бармеояд, ки вай низ чун як нафар аз фаъолони гирдиҳамоӣ номбар мешавад, вале шаб дар майдон набудааст: «…баъдан ҳамроҳ бо чанд нафарашон дар як трамвай ба хона бармегаштем». Пас аз ғалаба дар интихоботи президентӣ 19 марти соли 2006 А. Лукашенко 8 апрел аз нав расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар иртибот ба ин бино ба хабари Радиои Би-Би-Си (2006.-10 апрел) вазирони хориҷии Аврупо дар ҷаласаи худ, ки дар Люксембург доир гардид, ба 30 нафар мансабдорони воломақоми Ҷумҳурии Белорус бо

60


шумули президент А. Лукашенко додани раводиди сафарро ба ин кишварҳо манъ карданд. Президенти ИМА Ҷ. Буш низ 16 майи соли 2006 ба қаламрави кишвараш ворид шудани роҳбарияти Ҷумҳурии Белорус ва аҳли байти онҳоро мамнӯъ эълон кард. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи абарқудратон

қарор

доранд.

Масалан,

10

апрели

соли

2006

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии бӯҳронҳо дар гузориши нави худ аз Иттиҳоди Аврупо тавсия дод, ки нақши худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар бикунад. Дар гузориш омадааст, ки таваҷҷӯҳи кам ба ин минтақа барои Иттиҳоди Аврупо низ метавонад паёмадҳои нохуш оварад. Ба гуфтаи ин созмон, меорад Радиои «Озодӣ», набояд боитминон буд, ки суботи феълӣ дар Тоҷикистон идома мекунад, чаро ки насли нави кишвар хотираҳои каме аз ҷангҳои дохилӣ дорад ва зоҳиран камбизоатӣ

дар

кишвар

ва

худкомагии

ҳукуматро

таҳаммул

намекунад.[74] 25 августи соли 2005 ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навишта буд, ки «…сиёсати маъмурияти Қасри Сафед куллан сиёсати демократӣ ва сулҳҷӯёна нест. Аз амалҳои ин маъмурият равшан мегардад, ки мароми он на оромию осоиштагии мардуми олам, балки ба даст овардани манфиат ба нафъи давлати Амрико асту бас. Истифодаи истилоҳи

«демократия»

ва

мубориза

алайҳи

харобкорӣ

ва

даҳшатангезӣ ва ғайра як навъ ниқоб аст, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои ниҳоӣ дастак карда мешавад». Журналисти тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло аз амали абарқудратҳо нисбати кишварҳои дигар дуруст изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯз

61


бо ҳадафи пиёда кардани раванди ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо истилоҳоти назири «демукросӣ», «озодии баён» ва «ҳуқуқи башар»-ро ба як абзори дастёбӣ ба аҳдофи худ табдил карданд. «Маҳз бо истифода аз ҳамин абзор Амрико бо баҳонаи вуҷуди силоҳҳои ҳастаӣ аз он сӯи уқёнус ба Ироқ ҳамла мекунад ва Ироқро ба хоку хун мекашад. Ин кишвар қабл аз ҳамлаи низомӣ тавассути расонаҳо афкори умумро барои оғози як ҷанги тамом айёр омода мекунад ва то кунун қисмати аъзами мардуми Амрико бар ин бовар аст, ки Саддом Ҳусейн дар ҳамлаи террористӣ ба Ню-Йорк даст доштааст».[75] Ба иттилои ВАО-и Венесуэла ИМА пахши барномаҳои радио ва телевизионро барои Венесуэла, Куба, Зимбабве ва Афғонистон афзоиш медиҳад. Ба ин мақсад дар Радиои «Садои Америка» гурӯҳи махсус созмон дода мешавад. Президент Ҷорҷ Буш барои тарғиботи хориҷӣ дар соли 2007 аз Конгресси ИМА 33 миллиарду 859 миллион доллар дархост намудааст.[76] Би-Би-Си расман ширкати ғайридавлатии ҷамъиятӣ мебошад, ки аз ҳисоби пардохтпулиҳо фаъолият мекунад. Вале Умури хориҷии БиБи-Си аз ҳисоби гранти махсуси ҳукуматӣ фаъолияташро пеш мебарад. Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо нақше надорад, мегӯяд Н. Чэпмен, директори Умури ҷаҳонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо нақше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуҷуд меовард ва ҷомеаи Британия бонги изтироб мезаданд.[77] Вақте ки 60-солагии оғози пахши барномаҳои русии Би-Би-Си (моҳи марти соли 2006) баргузор шуд, дар ин бахш сӯҳбате доир гашт. Дар он ба суоли «Би-Би-Си барои кӣ кор мекунад?», собиқ директори бахши русии Радиои Би-Би-Си

62


Николай Горшков чунин посух дод: «Вақте ки Би-Би-Си ба эфир баромад,

вай

барои

афкори

ҷамъиятии

байналхалқӣ

хизмат

мекардагӣ шуд. Дар ҳар як кишвари мушаххас Би-Би-Си ба ҷомеаи ин мамлакат муроҷиат мекунад». Ба гуфти нависанда, сармуҳаррири маҷаллаи «Наш современник» (муосири мо) Станислав Куняев барномаҳои Би-Би-Си барои вайрон кардани Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд. Депутати Думаи давлатӣ Александр Чуев ба пахши барномаҳои имрӯзаи Би-Би-Си дахолат карда гуфт: «Хоҳиши дар ким куҷо (масалан, дар Белорус) дидани мухолифини азияткашида, ки бо нерӯе ба кӯча баромадаанд, дар Би-Би-Си эҳсос мешавад».[78] Расман умури хориҷии Би-Би-Си вазифадор аст, ки иттилои дақиқ пахш карда, нуқтаи назари Англияро инъикос бикунад, ҳаёту фарҳанг ва дастовардҳои илмӣ ва саноатии Англияро ҳифз намояд. Ҳамчунин бояд вай ахбори дақиқу сареъ оид ба рӯйдодҳои ҷаҳон пахш карда, барои фаҳмиши онҳо иттилои васеъ ва воқеӣ бидиҳад.[79] Воқеан ҳам, аксар вақт Би-Би-Си иттилои сареъ пахш мекунад. Вале вақте ки ҳадафи тарғиботӣ пеш меояд, аз Би-Би-Си иттилои дурӯғ ва ғаразнок низ садо медиҳад. Масалан, тирамоҳи соли 1973 Радиои Би-Би-Си таи ду шабонарӯз аз ҷониби Хунтаи ҳарбии генерал Пиночет кушта шудани президенти Чили С. Алендеро пинҳон карда, иттилоъ дод, ки вай даст ба худкушӣ задааст. Ҳамчунин тобистони соли 1974 вақти ошӯб дар Кипр Би-Би-Си хабар дод, ки рӯҳонӣ Макариос кушта шудааст. Ин хабари дурӯғ барои ҷонибдорони мустақилияту ягонагии Кипр зарбаи сахте буд. Албатта, пахши хабари мазкур беҳуда набуд. Англия дар Кипр базаи

63


ҳарбӣ дошт ва ҷудо шудану суст гардидани ҳукумати марказӣ ба манфиати вай буд. Ба қавли нависандаи англис Ҷудит Тодд «Хавфи асосӣ дар он аст, ки … Би-Би-Си метавонад ҳамон қадар дарки фактро боздорад, ки вақте мардуми англис ахиран ба ин фактҳо рӯ ба рӯ мезананд, онҳо ба вазъи мушкил меафтанд».[80] Собиқ сарвари корпоратсияи Би-Би-Си лорд Саймон Уитеншоу дар китоби худ «Би-Би-Си аз дохил» нисбати назари роҳбарони радио ба Ҳукумати Шӯравӣ навишааст: «Ҳамаи директорони Би-Би-Си, ки ман бо онҳо кор мекардам, нисбати коммунизм нафрат доштанд».[81] Журналисти америкоӣ Уолтер Липпман ҳанӯз соли 1922 таъсири ВАО-ро ба тафаккури инсон омӯхта, навишта буд: «Ба он чизе, ки бовар дорем, вай бароямон воқеият менамояд ва мо ба он чунон муносибат мекунем, ки ин ҳамон воқеияти аз ахбор ҷилвагаршуда аст».[82] Ба ақидаи аксари мутахассисони ғарбӣ тарғиботи иттилоотӣ бештар самаранок аст. «Ахбор олоти аз ҳама муҳими тарғиботӣ аст», мегӯяд профессори америкоӣ Л. Мартин.[83] Аз ин рӯ, дар барномаҳои радиоҳои хориҷӣ ахбор мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамин ҳол паҳнкунандагон ахбори мазкурро иттилои объективӣ меноманд, ки дар воқеъ чунин нест. Дар вақташ журналисти байналхалқӣ В. Осипов дар мақолааш «Калидҳои Би-БиСи» навишта буд, ки радиокорпоратсияи Британия «дар интихоби «фактҳои объективӣ»-и ғаразнок нисбат ба ҳамтоҳояш дар олами Ғарб беназир аст».[84]

64


Бояд гуфт, ки Би-Би-Си чун дигар радиоҳои хориҷӣ ахборро пахш карда, нуқтаи назари худи редаксияро иброз намедорад. Чунин тарзи пахши

ахборро

хабаррасонии

нейтралӣ

меноманд.

Ба

қавли

сотсиологи америкоӣ Роберт Мертон чунин усули пахши ахбор паёмадҳои ногувори бештар дорад: «Тарғибот бо фактҳо намегӯяд ба он сӯ бирав, балки бевосита роҳеро нишон медиҳад, ки бояд интихоб бикунӣ…».[85] Воқеан Би-Би-Си аз тарғиботи фактологӣ хеле самаранок истифода мекунад. Вай ҳамон фактеро дар хабар меорад, ки ба он манфиатдор аст. Дар ҳамин ҳол албатта, фактҳои дигар, ки шояд донистани онҳо барои аудитория ҷолиб бошад, норӯшан мемонад. Ҳамин тавр аудитория ҳамон чизро мешунавад, ки Би-Би-Си мехоҳад онро шунаванд. Дар воқеъ ин усули пинҳонии таъсиррасонӣ ба аудитория ва идораи шуури онҳо аст. Махсусияти чунин ахбори тафсирнашуда дар он аст, ки вай пасту баланд шуда дар остонаи шуур амал мекунад. Ин яке аз қаринаҳои талқинкунӣ буда, онро ҳамчун кам-кам барандаи аудитория «ба фаҳмиши вазъият дар ҷабҳаи муқарраргардида меноманд».[86] Усулан ахбори тафсирнашуда дар такя ба ягон манбаи иттилоотӣ пахш мегардад. Вале дар ҳамин ҳол ҳастанд хабарҳое, ки сарчашмаи аниқ надоранд ва чунин шурӯъ мешаванд: «Ба иттилои як манбаи мӯътамад, ки нахост номаш ифшо шавад…»; «Аз рӯи баъзе овозаҳо …»; «Як сиёсатмадори ба ҳукумат наздик хабар дод, ки…», «Аз рӯи баъзе маълумотҳо…» ва ғайра. Албатта, дар ин ҳол тафтиши чунин хабар ғайри имкон аст. Ҳамчунин Би-Би-Си аз усули дигари тарғибот бо фактҳо истифода мекунад. Радиои мазкур рӯз ба рӯз фактҳоеро пахш

65


мекунад, ки ба воқеият доштани онҳо аудитория бовар дорад. Ҳамин тавр онҳо гумон мекунанд, ки ҳар он чизе, ки радио пахш менамояд, ҳақиқат аст. Муҳаққиқи франсуз Жак Эллюл дар ин бора мегӯяд: «Майли дар тарғибот дидани дурӯғ ҳатман ба он меоварад, ки фард ҷабрдидаи тарғибот мегардад. Вақте ки вай фактҳои воқеиро хабар медиҳад, ӯ фикр намекунад, ки ин тарғибот аст».[87] Иосиф Дзялошинский, сарвари Комиссияи озодии дастрасӣ ба иттилоот дар сӯҳбати мизи мудаввари бахши русии Радиои Би-Би-Си изҳор дошта буд, ки ҳоло қисми зиёди аудитория ба иттилои фактологӣ таваҷҷӯҳ доранд.[88] Бояд гуфт, ки истифодаи фактҳои воқеӣ ҳанӯз ин ахбори объективӣ нест. Зеро ки аз фактҳои воқеӣ метавон хабари ғаразнок сохт. Чӣ тавре ки нависандаи шаҳири рус М. Горкий мегӯяд : «Фактин ҳанӯз ҳамаи ҳақиқат нест».[89] Дар Би-Би-Си тарғибот эҳтиёткорона сурат мегирад, то ки шунавандаҳо тарғибот будани онро эҳсос накунанд. Дар ҳамин ҳол вай пайваста ва суботкорона тарғибот мебарад, то ки шунавандаҳо ба гуфтаҳои радио бовар бикунанд. Аз ҷумла, агар ягон хабар ба манфиати Британия бошад, онро радио пайваста давоми рӯз пахш мекунад. Би-Би-Си боз як усули дигари талқинкуниро истифода мекунад, ки онро афзудани таъсири факт меноманд. Масалан, ягон фактро аз ҳаёти кишваре, ки ба он тарғибот бурда мешавад, дар ҳамаи барномаҳои ахбор тӯли рӯз ва ҳатто давоми ҳафта пахш мекунанд. Хабари

мазкур

ҳамчунин

тафсир

гардида,

мавзӯи

баррасии

барномаҳои дигар мешавад. Вале Би-Би-Си аз рӯйдоди дигар аз ин кишвар, ки ба манфиаташ нест, умуман ҳарф намезанад.

66


Усули дигари чунин тарғибот ин тавозуни ахбор аст. Би-Би-Си барои таҳкими афкори умум, ки вай хабарҳои объективию беғараз пахш мекунад, дар барномаҳо маводи номақбули худашро низ мешунавонад. Вале дар ҳамин ҳол хабари барояш негативӣ ҳудудан кам ва норӯшан садо медиҳад. Масалан, ҳини баррасии бӯҳрони энергетикии Британия ба ин мавзӯъ ҳамагӣ 2-3 дақиқа вақт ҷудо гардида, қисми зиёди барнома ба мавзӯи дарёфти роҳҳои нави истеҳсоли энергия бахшида мешавад. Ҳамчунин Радиои Би-Би-Си ҳини пахши хабарҳо ба хориҷа кӯшиш мекунад, ки аз доираи манфиатҳои Британия берун набарояд. Масалан, ҳини даргириҳо дар Ирландияи Шимолӣ Би-Би-Си хабарҳоро чунин таҳриф карда, пахш менамуд: «Ақаллиятҳои католикӣ нерӯҳои Британияро шодбош гуфтанд». Дар ҳамин бора рӯзномаи «Сандӣ таймс» чунин менигорад: «Вазъият ончунон шадид гардида, католикҳо ба тарс афтодаанд, ки ҳар як ҳодиса хурсандии онҳоро ба душманӣ зидди нерӯҳои Англия табдил медиҳад». Хабарнигори Радиои Би-Би-Си ҳамчунин мегӯяд: «Нерӯҳои Англия масъулияти нигаҳдории сулҳ ва тартиботро дар Олстер ба дӯши худ мегиранд». Дар ҳамин мавзӯъ рӯзномаи «Экономист» чунин менависад: «Нерӯҳои Англия наметавонанд проблемаи Ольстерро ҳал бикунанд… Чун сарбозон ба казармаҳо баргарданд, муноқиша бо нерӯи нав шурӯъ мешавад». Дар хабари Би-Би-Си чунин гуфта шудааст: «Ҳукумати Ирландияи Шимолиро дар Англия низ барои роҳ додан ба ҳукуқпоймолкунӣ зери танқид гирифтанд».

67


Рӯзномаи «Трибюн» бошад, дар ин бора чунин менависад: «Ҳукумати Англия бояд қисми зиёди гуноҳро барои куштор дар Ирландияи Шимолӣ ба зиммаи худ бигирад».[90] Бояд гуфт, ки БиБи-Си он вақт дар бораи тафсилоти даргириҳо дар Ирландияи Шимолӣ, истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз ҷониби нерӯҳои Англия ва қатлу куштори онҳо ба шунавандаҳои хориҷӣ хабар надодааст. Агарчи ин ҳама баъдан дар матбуот чоп шудааст. Дар бораи ғаразнок будани барномаҳои радиои мазкур собиқ узви парламенти Британия Тони Бенн 30 ноябри соли 2001 дар рӯзномаи «Гардиан» бо киноя чунин изҳор доштааст, «… агар Би-БиСи пас аз чанд сол ҳақиқати воқеиро гӯяд, ки ҷанг дар Афғонистон чӣ хел инъикос шуда буд, метавонад барои мукофоти кинофестивали Канн муддаӣ шавад». Вале Шафқати Раҷабиён, собиқ таҳиягари барномаи «Маҷаллаи Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегӯяд: «Эҳсоси масъулият бештар барои Тоҷикистон мекунем, зеро барнома аслан мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ҳаст. Битавонем аз ин тариқ се ҳарферо, ки ВВС таъқиб мекунад- омӯзишу парвариш-яъне аз тариқи барномаҳоямон мехоҳем омӯзиш бидиҳем, огоҳ бикунем мардумро ва саввум ба воситаҳои барномаҳоямон мехоҳем ба мардум тафреҳ бидиҳем, яъне саргарм бинамоем».[91] Дар ҷаҳон ҳар рӯз миллионҳо ҳодиса ба вуқуъ мепайвандад, вале оҷонсиҳои иттилоотӣ танҳо дар бораи шумораи ками онҳо хабар медиҳанд, ки дар маҷмӯъ аз 100 адад беш нестанд. Яъне танҳо ҳамон хабар пахш мешавад, ки ба он касе манфиатдор аст. Дар шароити мавҷудияти озодии баён бояд озодии интихоби иттилоъ, таъмини тавозун низ бошад, то ки таъсири зиддибашарӣ ва

68


зиддидавлатиро нисбати шаҳрвандон билхоса, барои ҷавонон роҳ надиҳад. Чунон ки мебинем, ҷомеаи иттилоотӣ ғайр аз корбурди аслии мафҳум боз ба бисёр паҳлӯҳои маълумот дахл мекунад. Доир ба мавзӯи ин фасл бошад, гуфтан ба маврид аст, ки дар радиоҳои Би-БиСи ва «Озодӣ» иттилои беғараз гуфта, шарҳу баёни мақсадноки хешро дар назар доранд. Ба ибораи дигар, иттилоъ дар фаҳмиши мутахассисони ин радиоҳо ин тарғибу ташвиқи ақоиди хӯҷаинони шабакаҳост.

69


ОХИРСУХАН Ба қавли сиёсатшиноси америкоӣ Збигнев Бжезинский «Евроосиё як навъ «тахтаи шоҳмот» аст, ки дар он мубориза барои ҳукмрон шудан ба ҷаҳон идома дорад».[92] Албатта, муборизаи мазкур ба геостратегия, яъне ба идора кардани стратегияи манфиатҳои геополитикӣ дахл мекунад. Вазъи имрӯзаи оламро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати геополитикии ИМА, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрону Туркия иртибот дорад. Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба муносибати панҷумин солгарди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 суханронӣ карда, гуфт, ки мо дар ҳоли ҷанг қарор дорем ва ин ҳол таъйингари хати маши сиёсатҳои асри нав ва сарнавишти миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон аст. Буш бо ин гуфтаҳо оламро ҳушдор медиҳад. Яъне ИМА минбаъд низ чун жандарми яккатоз боқӣ мемонад. Аввали моҳи сентябри соли 2006 Сенати ИМА барои барқарор кардани шӯъбаи Раёсати марказии кашшофӣ оид ба ҷустуҷӯ ва дастгир кардани Усомаи бини Лодан ҷудо намудани 200 миллион долларро тасдиқ кард. Ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати ИМА аз мубориза алайҳи терроризм даст кашиданӣ нест. Албатта, РМК бо ин баҳона даҳҳо амалиёти густурда алайҳи «душманони» Қасри Сафед анҷом медиҳад. Дар ин мубориза ҷанги иттилоотӣ мавқеи муҳим хоҳад дошт ва дастгоҳи тарғиботии ИМА беш аз ҳарвақта кор хоҳад кард. Профессор И. К. Усмонов дар конфренцияи умумиҷумҳуриявии илмию амалии «Саҳми ВАО дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», ки моҳи июни соли 2006 доир гашт, иброз дошт, ки ҳоло воқеоти рӯз дар ВАО сареҳ баён

70


намешаванд. Ҳатто пайдо шудани системаи нави телевизион ва радиои давлативу ғайридавлатӣ ва имкони пахши 24-соатаи барномаҳои онҳо ин холигиро пур намекунанд, чунки аксарияти онҳо хислати иҷтимоӣ надоранд.[93] Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон дар минтақаҳои сарҳадӣ- навоҳии Шаҳритӯсу, Қубодиён, Носири Хусрав, Турсунзода ва вилояти Суғд, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсоя аст, радиоҳои ӯзбекии ин кишварро бо майли том гӯш мекунанд. Қисми дигари аҳолӣ ба радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си, «Садои Америка», «Радиои Россия», «Садои Хуросон», «Мавҷи Олмон» ва ғайра гӯш медиҳанд. Радиоҳои номбурда албатта, дар баробари пахши барномаҳояшон ҳадафҳои сиёсии давлатҳои худро пиёда мекунанд. Барои аксуламали таблиғотии радиоҳои хориҷӣ Радиои Тоҷикистонро, ки радиои давлатӣ аст, мебояд пахши барномаҳояшро барои хориҷа тавсеа бахшад. Барои муаррифии сиёсати давлати Тоҷикистон, муаррифии фарҳангу дастовардҳои

иқтисодиву

иҷтимоии

мардуми

ҷумҳурӣ

барои

шунавандаҳои кишварҳои хориҷӣ, тавассути бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон пахши барномаҳоро ба забонҳои кишварҳои абарқудрат-англисӣ, немисӣ, франсавӣ, хитоӣ, испанӣ ва арабӣ ба роҳ мондан зарур аст. Дар ҳамин ҳол на танҳо иттилоот, балки пахши барномаҳои таҳлиливу публитсистӣ ва барои ҷалби бештари шунавандаҳо барномаҳои мусиқиву фароғатиро низ ба роҳ мебояд монд. Як нуктаро зикр кардан ҷоиз аст, ки барномаҳои мазкурро ба забонҳои хориҷӣ бояд тоҷикони мафкураашон соф миллӣ омода бикунанд. Б а ғайри ин васоити ахбору таблиғи Тоҷикистон бо пахши иттилоъи сареъу ҳаққонӣ ва беғаразона аз рӯйдодҳои кишвар ба радиоҳои хориҷӣ муқобил истода метавонанд.

71


ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ 1.Артемов В., Семенов В. Би-Би-Си: История, аппарат, методы радиопропаганды. – М.: Искусство, 1978. – 256 с. 2. Афанасьев В. Г. Научно-техническая революция, управление, образование.-М., 1972.- С. 226-227. 3. Беглов С. И. Внешнеполитическая пропаганда: очерк теории и практики.- М.: Высшая школа, 1984.- 375 с. 4. Бжезинский З. Великая шахматная доска (Господство Америки и

его

геостратегические

императивы).-М.:

Международные

отношения, 1998.-112 с. 5. Брусницын Н. Информационная война и безопасность.- М.: Вита -Пресс, 2001.- 280 с. 6. Бурмистенко А. Н., Щербаков А. С. Сколько стоит «собственное мнение»? За кулисами американской журналистики.- М.: Знание, 1977.-112 с. 7. Бусленко Н. И. Диверсанты с микрофонами.-Ростов на Дону, 1987.-192 с. 8. Вачнадзе Г. Н. Антенны направлены на Восток.- М., 1975.- С. 17. 9. Власов А. И. Политические манипуляции.- М.: Международное отношения, 1982.- 303 с. 10. Воронцов Ю. В. Дезинформация – это тоже бизнес.-М.: Политиздат, 1965.- 111 с. 11. Журналистика и идеология. – МГУ, 1985.- 184 с. 12. Журналистика и политика. – МГУ, 1987.- 174 с. 13. Лайнбарджер П. Психологическая война. – М., 1962. – С. 316317.

72


14. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда.-Душанбе: Деваштич, 2005.-182 с. 15. Муқим Ҷ. Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз.-Душанбе: Деваштич, 2006.- 124 с. 16. Муқимов М. «Озодӣ» – зодаи ҷанги сард./Боли сухан.Душанбе: Сино, 2004. – С. 63-66. 17. Муқимов М. Радиои BBC дар Ҷанги дуюми ҷаҳон. /Меваи истиқлол. – Душанбе, 2006. -С. 26-30. 18. Муқим Ҷ. Ҳақиқат ва дурӯғ. – Душанбе: Сино, 2000.- 47 с. 19. Панфилов А. Ф. За кулисами Радио “Свобода”. – М.: Международные отношения, 1974. – 192 с. 20. Панфилов А. Ф. Радиовойна: История и современность. Очерки

о

внешнеполитической

радиопропаганде

фашистской

Германии, США, Англии и ФРГ. –М.: Искусство, 1984.- 239 с. 21.

Поклад

Международное

А.Б.

Юдина

общение

или

Н.И.

Массовая

подрывная

информация:

пропаганда?

М.:

Международные отношения, 1987.- 96 с. 22. Почепцов Г. Информационно – политические технологии.-М.: Центр, 2003.- 384 с. 23. СМИ, конфликты и терроризм.-Берлин, 2003.- 111 с. 24. Техника дезинформации и обмана. – М.: Мысль, 1978.- 246 с. 25. Усмонов И. К. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон.- Душанбе: Сино, 2003.- 64 с. 26. Усмонов И. К. Печать и международная пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.- 120 с. 27. Цыганков В. Медиа-терроризм. Терроризм и средства массовой информации.- Киев: Ника-Центр, 2004.- 122 с.

73


28. Шевчик Е.В. Радиодиверсанты. – Минск: Белорус, 1980.- 127 с. 29. Ярошенко В.Н. «Чёрный» эфир: Подрывная пропаганда в системе буржуазной внешнеполитической радиовещании. – М.: Искусство, 1986.- 207 с. 30. Critchlov J. Radio-Hole-in-the head Radio liberty. -Washington: The American University press, 1995. - P. 192. 31. Fedler F., Bender J., Davenport L., Drager M. Reporting for the media. – New York: Oxford university press, 2005.- 679 p. 32. Friedlander E., Marsh H., Masterson M. Excellence in reporting.St. Paul, New Uork, Los Angeles, San Francisco: West hublishing company, 1987.- 377 p. 33. Holt R. Radio Free Europe . – Minneapolis 1958.- P. 53. 34. Kats D. Britain Speaks. Propaganda by Short Waves. -Princeton, 1942.- P. 120-121. 35. Lippman W. Public Opinion. -New - York, 1961.- P. 95. 124. 35. Mickelson S. Americas other voice. – Praeger, 1983.- P. 241. 36. Nelson M. War of the black heavens - Brassey’s, 1997.-P. 277. 37.Sosin G. Sparks of Liberty. – The Pennsylvania State University Press, 1999.- 313 p. [1] Афанасьев В. Г. Научно-техническая революция, управление, образование.-М., 1972.- С. 226-227. [2] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 68. [3] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 76. [4]Ҳамон ҷо. - С. 80.

74


[5] Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря. [6] Заговор против Лукашенко.//Взгляд.-2006.-1 марта. [7] Карп М. «Свобода» или «Завтра», что нужнее иранцам?//БиБи-Си. -2003.- 31 января. [8] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 85. [9] Шиллер Г. Манипуляторы сознания. – М., 1980.- С. 19. [10] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 101. [11] Ҳамон ҷо.- С. 103. [12] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 109. [13] www.old.grani.ru/war.-2001.-9 october. [14] Аҳмадинажод М. Нома ба Ҷорҷ Буш.//Тоҷикистон.-2006.-18 май. [15] Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря. [16] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 184. [17] Скрытая пропаганда.//Взгляд.-2006.-16 февраля. [18] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 212. [19] Мирзо А. Садои пойи шикастаи истеъмор.//Миллат.-2006.- 4 май. [20] Планы ЦРУ раскрыты…//Правда.Ру.-2005.- 28 ноября. [21] Ларионова Н. Разговор без диктафонов.//Правда.-1989.-16 января. [22] Davis J. Peace, war and vou.-N. U., 1952.-P. 117. [23] Лайнбарджер П. Психологическая война.-М., 1962.- С. 316-317.

75


[24] Усмонов И. К. Печать и международня пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.-С. 94. [25] Соломонов Ю. И сказал мне «вражский голос»…//Советская культура.-1990.-23 июня. [26] Усмонов И. К. Печать и международня пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.-С. 96. [27] Коновалов В. «Свобода»-«Красный архив», а также о русских и русофобии.//Литературная Россия.- 1997.- 9 декабря. [28] Брусницын Н.А. Информационная война и безопасность.-М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 65. [29]Ҳамон ҷо.- С. 76. [30] Умарова А. BBC дар FM хомӯш шуд.// Миллат.-2006.- 19 январ. [31] Беҳрӯзи Забеҳулло. Матбуот дар шароити ҷаҳонишавӣ.// Миллат.-2006.- 16 март. [32] Почепцов Г. Информационно-политические технологии. –М.: Центр, 2003.- С. 111. [33] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.-С. 204-208. [34] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.- С. 270. [35] Rawnsley G.D. Radio diplomacy and propaganda.-Houndmills etk., 1996.- P. 68. [36] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.- С. 314. [37] США настаивают на политике превентивного удара.//bbcrussian.com.-2006.- 16 марта. [38] Путин В. Вести недели.//РТРК.- 2006.- 14 мая. [39] Бжезинский З. Великая шахматная доска.-М.: Международные отношения, 1998.-С. 84. [40] Лос Анҷелес таймс: Афганские власти просят денег у наркобаронов.//ЦентрАзия.-2006.-16 марта.

76


[41] Поляков А. США в Афганистане и уроки для Центральной Азии. //ЦентрАзия.-2006.-6 апреля. [42] Грозин А. Новая стратегия США в Центральной Азии.// РИА Новости.-2006. –3 апреля. [43] Исфандиёров Ҷ. Тӯфон дар биёбон.// Тоҷикистон. –2006.-12 январ. [44] Конгресс США переоценил друзей Тегерана.//Комерсант.2006.-17 марта. [45] Буш мегӯяд, истифодаи нерӯ зидди Эрон ҳатмӣ нест.// Радиои «Озодӣ».-2006.- 11 апрел. [46] Доклад о будущей войне.//Взгляд.-2006.- 15 мая. [47] Iran-war with using the nucleus weapon? //The Guardian.-2006.11 april. [48]Курбанов И. Р. Сафаров: США боятся в Иране не ядерной бомбы, а нефтяной.//Авесто.-2006.-27 марта. [49] Азия освобождается от доллара.//Взгляд.-2006.-7 мая. [50] Путин В. Вести недели.//РТРК.- 2006.- 14 мая. [51] Евстафев Г. В воздухе Ирана пахнет грозой.//РИА Новости.2006.-13 апреля. [52] Taheri A. The Iranian bombs. Key-in Russia.//New York Post. – 2006.-14 april. [53] Администрация Буша выступает против вступления Ирана в ШОС. //Авесто.-2006.-22 мая. [54]

Бушуева

Н.,

Волков

В.

Журналисти

попали

в

заговорщики.//Asia-Plus.- 2005.- 6 октября. [55] Саидазимова Г. Дафтари Радиои «Озодӣ» дар Тошканд баста шуд. // Радиои «Озодӣ».-2005.-13 декабр.

77


[56]

Н.

Бушуева,

В.

Волков.

Журналисти

попали

в

заговорщики.//Asia-Plus.- 2005.- 6 октября. [57]

Умаров

С.

Доклад

на

конференции

по

защите

правозащитников в г.Вене.//ЦентрАзия.-2006.-2 апреля. [58] Мейнвилл Майкл. Чаро Ӯзбекистон эҳсонгарони хориҷиро «маҷақ» мекунад?// The Washington Times. – 2006.- 9 март. [59] Чем объясняется гонения на иностранные организации в Узбекистане.? //Радио «Голос Америки».-2006.-31 марта. [60] Ашраф Гани критикует западные неправительственные организации. //Афганистан.Ру.-2006. – 28 февраля. [61] Ципко А. Тупики демократии-содержанки. Запад финансирует только «правозащитников-Смердяковых» // Известия.2006.-27 февраля. [62] НОЧПУ Узбекистана требует у Т. Блэра возместить ущерб за «провокационные

действия»

Посольства

Британии

в

Ташкенте.//ЦентрАзия.-2006.-1 января. [63]

Узбекистан

ограничил

деятельность

иностранных

корреспондентов.// Рейтер.-2006.-16 марта. [64] Почему мир не отреагировал на преступления?//ЦентрАзия.2006-14 март. [65] События 13 мая 2005 года финансировались семьей Максуди. //Forum.msk.ru.-2006.-10 март. [66] Бреффни О. Рурк. Ӯзбекистон-омили ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ.// Радиои «Озодӣ».-2006.-30 март. [67] Самиев С. Таджикские штрихи к плану США по свержению режимов на пространстве СНГ. // ЦентрАзия.-2006.-16 марта.

78


[68] Лукашенко назвал Буша «террористом номер один». // Рейтер.-2006.- 19 марта. [69] Грузия освободит Белоруссию.// Взгляд.-2006.- 17 марта. [70] Маҳалли боздошти роҳбари мухолифини Белорус маълум шудааст.// Радиои «Озодӣ».-2006.-27 март. [71] Радиои «Озодӣ». -2006.- 20 март. [72] Инструкция по радиожурналистике.Радио «Свобода»/«Свободная Европа». –2002.- С. 41. [73] На «голубую революцию» в Белоруссии потратили $ 12 млн.// Взгляд.-2006.-31 марта. [74] Сафар Т. Нақши нокофии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ.//Радиои «Озодӣ».-2006.-11апрел. [75] Беҳрӯзи Забеҳулло. Матбуот дар шароити ҷаҳонишавӣ.// Миллат.-2006.-16 март. [76] http://www.dn.kiev.ua/politic/world/usa_07.html. [77] Вам отвечает директор всемирной службы Би-БиСи.//bbcrussian.com.-2004.-17 сентября. [78] На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.- 26 марта. [79] BBC Handbook. –Lnd., 1974.- P. 269. [80] Тодд Ҷ. Большой обман.-М., 1962.- С. 27. [81] За рубежом, 1961, № 15. [82] Lippmann W. Public Opinion. – N. Y., 1965.- P. 3-4. [83] Martin L. J. The International Popaganda. – Minneapolis, 1958.- P. 17. [84] Осипов В. Ключи Би-Би-Си.//Журналист.- 1968.- № 5.- С. 57. [85] Merton R. Social Theory and Social Structure. – Glencoe, 1957.- P. 527. [86] Проблемы информации в печати.-М., 1971.- С. 71.

79


[87]Ellul J. Propaganda. The Formation of Men’s Attitudes. N. Y., 1966.- P. 53. [88] На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.-26 марта. [89] Горький М. Собр. соч., т. 26. – М., 1953.- С. 296. [90] Литературная газета, 1969.- 3 сентябр. [91] Исматова Д. Шавкати Раҷабиён: Як каф хоки ватанро ба Лондон бурдаам.//Зиндагӣ.-2005.- 20 октябр. [92] Бжезинский З. Великая шахматная доска.-М.: Международные отношения, 1998.-С. 4. [93] Тоҷикистон ба нашрияи ҳаррӯза ниёз дорад.//Ҷумҳурият.2006.-13 июл. Нравится Be the first to like this post.

80


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.