Ҷовид муқим радиои би би си

Page 1

ҶОВИД МУҚИМ

Радиои Би-Би-Си:

дирӯз ва имрӯз

1


ҶОВИД МУҚИМ. Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз. Душанбе: Деваштич, 2006.-144 с. Муҳаррир: Саъдуллоҳи Ҳайдар

Дар китоби мазкур таърихи пайдоиш ва сохтори идораи Радиои Би-БиСи баррасӣ шуда, мавқеи он дар фазои иттилоотии олам муайян гардидааст. Ҳамчунин дар асари мазкур ҳадафу вазифаҳои Радиои Би-БиСи, нақши он дар бурдани тарғибот, инъикоси воқеият дар барномаҳои радио ва иртиботи он бо матбуоти муосири Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Китоб барои донишҷӯён ва устодони шӯъбаву факултаҳои журналистика, мутахассисони соҳаи тарғибот ва умуман барои ашхоси иштиёқманд пешбинӣ шудааст.

Ҷовид Муқим, 2006

2


МУНДАРИҶА Пешгуфтор……………………………………………………………….4 Муқаддима………………………………………………………………….5 Фасли 1. Таърихи пайдоиш ва ташаккули Радиои Би-Би-Си…………….......7 Фасли 2. Сохтори идораи Ширкати Би-Би-Си……………………………...…19 Фасли 3. Би-Би-Си ва ҷанги иттилоотӣ……………………………………..…..53 Фасли 4. Инъикоси воқеият дар Би-Би-Си………………………………....…..67 Фасли 5. Радиои Би-Би-Си ва матбуоти Тоҷикистон……………………..….85 Хулоса……………………………………………………………………..92 Феҳристи адабиёт ………………………………………………...……..96

3


НИГОҲИ ДИГАРЕ ДАР ШИНОХТИ БИ-БИ-СИ Асари Ҷовид Муқим «Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз» ба масъалаи муҳими сиёсати иттилоотӣ дар ҷаҳони имрӯза бахшида шудааст ва барои баррасии он ӯ системаи таблиғотии Би-Би-Си-ро истифода намудааст. Сиёсати иттилоотӣ ба назари ман дар рӯзгори мо ду вазифаи умдаро ба дӯш дорад: аввал, хабар додан ва дувум, таъсир расонидан. Кадоме аз ин мақсадҳо дар аввал меистад, бисёр вақт баҳсҳои илмиро бор меоварад ва ҳатто даъвогарони ВАО-и озод мавҷуд будани мақсади таъсиррасониро инкор мекунанд. Худи ба ҷои воситаҳои ахбори омма ва таблиғ истифода шудани мафҳуми воситаҳои ахбори омма инро ифода менамояд. Моҳияти таҳқиқоти Ҷовид Муқим низ далолат медиҳад, ки таъсир расонидан аз ҷиҳати муҳими фаъолияти иттилоотӣ буда, жанр, корҳои ташкилӣ, системаи ВАО аз он вобастагии амиқ доранд. Дар ҳамин маврид ёдовар шудан меарзад, ки ҷараёни озоди ахбор ҳам мақсади таъсир расонида тавонистанро баёнгарӣ мекард ва дар ҳамин замина системаи байналмилалии ахбор ба вуҷуд омад, ки мабнӣ дар ду чиз буд: идеологияи сиёсии давлат ё дастболоӣ дар геополитика, яъне қудратмандии давлат. Ҳамин чиз талошро ба дастрасии ахбори дунё ва паҳн кардани ахбор ба аҳли дунё бор меорад. Ҷамъ овардани ахбори дунё барои он даркор аст, ки аз як тараф таваҷҷӯҳро ҷалб кунад, аз тарафи дигар, ахборро ба диди худ мувофиқ намояд. Дастрасӣ ба аудиторияи бештар бошад, аз он лиҳоз лозим аст, ки дунё бояд воқеаро тавре бинад ва фаҳмад, ки ӯ донистааст. Ҷовид Муқим мӯътақид аст, ки коргардонҳои Би-Би-Си дар ҳамин мавқеъ қарор доранд ва мавзӯи Тоҷикистон низ дар гузоришҳои онҳо ба ҳамин қолаб ҷой ёфтааст. Асари мазкур на танҳо ҳамчун таҳқиқоти илмӣ барои омӯзандагони журналистика муҳим аст, балки вай барои ҳамаи гурӯҳи хонандагон василаи дарки моҳияти дастгоҳи идеологӣ мебошад. Муаллиф боз як бор исбот мекунад, ки ВАО аз сиёсат берун буда наметавонад. И. Усмонов, профессор

4


МУҚАДДИМА Иттилоъ ва дониш ҳамеша нерӯи муайянкунандаи ҷомеа мебошанд. Тавассути воситаҳои ахбори омма таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад. Зеро инсон тӯли ҳаёти худ бо таъсири иттилои ба ӯ расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсири вай дар баъзе ҳолатҳо худ куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сӯзанда. Иттилои созанда нерӯи пешбаранда дорад. Иттилои дурӯғ ва барои тахрибкорӣ истифодашаванда метавонад, ҷомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад. Иттилоъ дар бораи инсон, ҷомеа ва ягон рӯйдод метавонад тасаввури мусбат ё манфиро ба вуҷуд орад. Имрӯз бо рушди техникаву технологияи рақамӣ, алоқаи маснӯӣ, Интернет иттилоъро ҳамон лаҳза метавон ба тамоми олам паҳн кард. Ҳамин аст, ки як рӯйдодро дар як вақт қариб ҳамаи расонаҳои иттилоотии бузурги олам хабар медиҳанд. Масалан, як инфиҷорро дар шаҳри Бағдод ҳамон лаҳза метавонанд телевизионҳои Си-Эн-Эн, АлҶазира, Би-Би-Си, Евронюс, Россия, Эрон ва ғайра пахш бикунанд. Вале дар ҳамин ҳол тафсир ба ин рӯйдод аз ҳар яки ин расонаҳо гуногун хоҳад буд. Ҳар яке аз дидгоҳи худ ва пеш аз ҳама вобаста ба сиёсати давлати худ ба ин ҳодиса баҳо хоҳад дод. Тавассути иттилоъ ва сухан метавон ҷомеаро идора кард. Ҳамин аст, ки иттилоъ дар ҳамаи давраҳои рушди ҷомеа мавқеи муҳим дошт ва он объекти мубориза буд. Беҳуда намегӯянд, ки касе иттилои бештар дорад, дар ҷанг ғолиб меояд. Ба гуфти муҳаққиқи рус В. Г Афанасев, матбуот, радио ва телевизион силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард . Воқеан, бо воситаи тарғиботи сартосарӣ, ки тавассути матбуот ва воситаҳои электронии ахбор сурат мегирад, ба ҷомеа афкори муайяне бор гардида, ҳамзамон ахлоқи ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорандаи он вайрон карда мешаванд. Вақте ки сухан дар ҷанги иттилоотӣ махсус истифода мешавад, вай барои инсон нерӯи харобкунанда дорад. Феълан дар

5


шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби ВАО паҳн мешавад, амнияти ҷомеа зери хатар аст. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар кураи замин минтақае нест, ки мавҷҳои радиоӣ ба он ҷо нарасанд. Аз ин рӯ, радио бо нишондоди паҳн кардани мавҷ, арзон будани истифодаи он ва дастрасӣ ба мардум яке аз беҳтарин воситаҳои суханпароканӣ маҳсуб мешавад.

6


Фасли 1 ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ БИ-БИ-СИ Соли 1922 дар Британияи Кабир аз ҷониби 6 фирмаи пешрави истеҳсолкунандаи радиоаппаратура нахустин ширкати радиошунавонӣ таъсис ёфт . Ширкати номбурдаро ҳамон нафаре идора менамуд, ки теъдоди зиёди саҳмияҳои ширкатро дошта бошад. Бинобар ин, барои ба инҳисороти як нафар ё як гурӯҳи хурди сармоядорон табдил наёфтани ширкат Ҳукумати Британия тасмим гирифт, ки он барои тамоми ҷомеаи сармоядорони кишвар хизмат бикунад. Ҳамзамон ҳукумат олоти пурқудрати тарғиботӣ будани радиоро хуб дарк карда, моҳи апрели соли 1923 барои омӯзиши дурнамои радиошунавонии Британия Кумитаи Сайксро таъсис дод. Кумитаи мазкур пас аз пажӯҳиш ба хулоса омад, ки рушди радиошунавонӣ паёмадҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аз ин рӯ, чунин силоҳи пурқудрати назорати афкори ҷомеа ва ҳаёти миллат бояд дар дасти давлат бошад. Соли 1925 барои таҳқиқи ин масъала кумитаи дуюми ҳукуматӣ, ки бо номи Кумитаи Кроуфорд маъруф аст, таъсис дода шуд. Кумитаи номбурда ба ҳукумат пешниҳод кард, ки радиокорпоратсияи ҷамъиятӣ таъсис дода шавад. Раиси Би-Би-Си Ҷон Рейт худ яке аз ҷонибдорони фаъоли мустақил шудани ширкат буд, зеро мақоми ширкати ҷамъиятии радио барои ба даст овардани эътимоди шунавандаҳо ва осон шудани идораи корпоратсия мусоидат мекард. Баҳори соли 1926 Ҷ. Рейт бо ҳукумат дар бораи мақоми ҷамъиятӣ гирифтани радио гуфтушунидро шурӯъ кард. Ӯ дар мактубаш ба унвони сарвазир Стэнли Болдуин навишт, ки агар Би-БиСи «аз ҷониби ҳукумат назорат карда шавад, … вай самаранокии кори моро коҳиш медиҳад». Бинобар ин «ба идораи мустақими Би-Би–Си даст задан нашояд» . Ҳамин тавр 1 январи соли 1927 ширкати мазкур мақоми ҷамъиятӣ гирифта ба Корпоратсияи радиошунавонии Британия (British Brodcasting Corporation) – Би-Би-Си табдил ёфт. Ин корпоратсия ҳуқуқи инҳисорӣ дошт, ки дар тамоми қаламрави Англия ва Ирландияи Шимолӣ барномаҳояшро пахш бикунад .

7


Би-Би-Си ҳанӯз соли 1925 бо истифода аз дастгоҳи интиқолдиҳандаи дарозмавҷ воқеъ дар Девентрӣ пахши барномаҳои таҷрибавиашро ба забони англисӣ барои қитъаи Аврупо шурӯъ кардааст. Соли 1929 бошад, дар Челмфорд стансияи кӯтоҳмавҷ барои пахши барномаҳои таҷрибавӣ ба мустамликаҳои Британия сохта шуд. Солҳои 1930-1931 радиоҳои дохилии ИМА, Австралия ва кишварҳои Скандинавия барномаҳои Би-Би-Си-ро интиқол медоданд. Пахши доимии барномаҳои Би-Би-Си ба хориҷа соли 1932 шурӯъ шудааст, ки ин нисбат ба Ҳолланд (1927) ва Фаронса (1931) дертар аст. Сабаби инро коршиносон дар суст будани таҷҳизоти техникии пахши барномаҳои радио медонанд. Ба қавли муҳаққиқон В. Артёмов ва В. Семёнов ба пахши доимии барномаҳои хориҷии Би-Би-Си ду ҳодисаи соли 1932 такон дод. Аввалан, соли 1932 дар Англия Идораи бозорҳои содиротии империя таъсис ёфт, ки вазифааш ҳифзи манофеи метрополияҳо дар мустамликаҳои Британия буд. Дуюм, ҳамон сол конфронси масоили мустамликаҳо ва вассалҳо доир гардид. Англия шадидан кӯшиш мекард, ки ҳама гуна зуҳуроти озодихоҳии мустамликаҳояшро пахш бикунад, то ки империя пароканда нашавад. Таъсиси Умури хориҷии Би-Би-Си яке аз иқдоми муҳими Британия барои таъсиррасонӣ ба мустамликаҳояш маҳсуб мешавад . Мақари асосии Умури хориҷии Би-Би-Си, ки ҳоло ҷаҳониаш мегӯянд, аз соли 1940 дар Буш-хаус (Лондон) ҷойгир аст. Бинои мазкурро ҳанӯз соли 1923 Ирвинг Буш ба 10 миллион доллар ҳамчун маркази савдо сохта буд. Вале бӯҳрони иқтисодии ҳамон давра имкон надод, ки ин бинои бузург аз рӯи нақша истифода шавад. Буш-хаусро Би-Би-Си иҷора мегирад ва ҳоло он ба яке аз ширкатҳои японӣ тааллуқ дорад . То моҳи декабри соли 1932 дар Девентрӣ сохтмони радиостансияи дорои 2 интиқолдиҳандаи кӯтоҳмавҷи ҳар яке 16-киловатта ба анҷом расид, ки метавонистанд барномаҳои Би-Би-Си-ро ба 8 мавҷ пахш бикунанд. 19 декабри соли 1932 расман пахши барномаҳои хориҷии радиои мазкур ба Австралия оғоз гардид. 25 декабр бошад, барномаи солинавии Би-Би-Си ва номаи радиоии Георги Y ба тамоми империяи Британия пахш карда шуд. Аз нигоҳи радиошунавонӣ ҳамаи империя ба 5 минтақа ҷудо карда шуда буд: Австралия, Ҳиндустон, Африкаи Ҷанубӣ, Африкаи Ғарбӣ ва Канада. Ба ин манотиқ 5 антеннаи самтӣ равона гардида, 6 антеннаи дигар барои

8


дар як вақт барои тамоми дунё пахш кардани барномаҳо мустақар шуда буданд. Сараввал шумораи кормандони умури хориҷии Би-Би-Си чандон зиёд набуд. Ҳамагӣ 40 нафар шабонарӯзе 10 соат барнома таҳия мекарданд. Ҳафтаи аввал барои пахши барномаҳои хориҷӣ ҳамагӣ 10 гиней масраф шуд. Баъдан, пас аз пайдо шудани иртибот бо шунавандаҳои хориҷӣ ва расидани номаҳои онҳо ба радио, ҳукумат барои умури хориҷии Би-Би-Си ҳафтае 100 фунт стерлинг ҷудо мекардагӣ шуд. Соли 1933 ҳукумат ба рушди тарғиботи хориҷӣ манфиатдор будани кишварро ба назар гирифта, маблағгузории умури хориҷии Би-Би-Сиро ду маротиба зиёд кард. Солиёни зиёд барномаҳои хориҷии Би-Би-Си ба забони англисӣ садо медоданд. Танҳо 3 январи соли 1938 барои рақобат кардан ба Италия бо маблағгузории ҳукумат пахши барномаҳо ба забони арабӣ шурӯъ шуданд . Зеро дар нимаи дуюми солҳои сиюми садаи XX дар мубориза барои таъсиррасонии сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ва Шарқи Наздик байни Британия ва Италия бархурди манфиатҳо ба миён омад. Италия барои афзоиши нуфузаш дар ин минтақа дар Барӣ пуриқтидортарин радиостансия сохта, пахши барномаҳояшро ба забони арабӣ шурӯъ кард. Барои ҷалби шунавандаҳо тарғиботгарони итолиёвӣ аз овозхонони араб истифода мекарданд. Минбаъд ин усул аз ҷониби Радиои Би-Би-Си низ истифода шуд. Ҳофизи маъруфи араб Абдулло Ваҳҳоб ба ҳамкорӣ ҷалб гардид. Барномаҳо бо иштироки ӯ аз ҷониби шунавандаҳо хуш пазируфта мешуданд. Ҳамчунин Би-Би-Си аз усули умумии пешинаи кор даст кашида, ба тарғиботи самтнок, ки ба аудиторияи мушаххас равона шудааст, пардохт. Аз ҷумла, дар барномаҳои арабӣ ба ғайр аз ахбору тафсирҳои сиёсӣ, боз барномаҳои гуногуни динӣ, қуръонхонӣ сурат мегирифт. Соли 1938 ҳамзамон Би-Би-Си пахши барномаҳояшро ба забонҳои испанӣ, португалӣ, итолиёвӣ, немисӣ ва франсузӣ барои кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва Аврупо оғоз кард, ки ин тақозои замон буд. Зеро Олмони фашистӣ ба ин забонҳо ба маротиб зиёду фаррохтар тарғиботи радиоӣ мебурд. Соли 1939 Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарғибот 4 мавҷпахшкунаки кӯтоҳмавҷи нави пуриқтидор сохт. Августи ҳамон сол Би-Би-Си бо

9


мусоидати Вазорати иттилооти Британия умури гӯшкуниву сабт(мониторинг)-ро ташкил кард, ки ҳадафаш гӯш кардану сабт намудани радиоҳои кишварҳои хориҷӣ буд. Умури мазкур аз тарғиботи радиоии кишварҳои дигар огоҳ гардида, иттилоъ ва маводи пурқиматро ба Би-Би-Си ва ҳукумат пешниҳод мекард. Бо оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон Би-Би-Си якҷоя бо хадамоти кашшофии Британия ба бурдани «ҷанги психологӣ» барои қаламрави Олмони фашистӣ ва кишварҳои забткардаи вай вазифадор карда шуд. Ба ғайри ин, тарғибот ба кишварҳои дигари «дӯсту душман» низ тавсеа ёфт. Пас аз ду моҳи оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон бахши хориҷии Би-Би-Си (Умури радиошунавонии империя) ба Умури пасиуқёнусӣ табдили ном кард. Тарғиботи Умури пасиуқёнусӣ ба ҷуз Аврупо тамоми кишварҳои оламро фаро мегирифт. Ҳамчунин умури дуюми хориҷии Би-Би-Си барои Аврупо таъсис ёфт. Соли 1958 ба Умури аврупоӣ ҳамаи қисмҳои радиошунавонии хориҷӣ ҳамроҳ карда шуданд, ки то соли 1988 Умури хориҷӣ ном дошт. Баъдан вай номи Умури ҷаҳониро гирифт. Соли 1939 Умури аврупоии Би-Би-Си ҳафтае 84 соат барнома пахш мекард. Аввали соли 1940 аллакай барномаҳои ин умур ба 15 забон ҳафтае 165 соат садо медоданд. Ҳамин вақт шумораи умумии кормандони Би-БиСи қариб ду маротиба афзуда ба 5 ҳазор нафар расид. Соли аввали шурӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон Радиои Би-Би-Си хабарҳои нохуш ва ба манфиати Британия набударо низ пахш мекард. Ин боиси ғазаби сарвазир У. Черчилл гардид. Ӯ, ки моҳи май сарвазир шуда буд, Би-Би-Сиро ба душман баробар карда гуфт: «Душмани пеши дарвоза аз фоида дида, бештар зиён меорад». Роҳбарияти флоти ҳарбӣ низ Би-Би-Си-ро, ки дар бораи талафоти Британия дар баҳр хабарҳо пахш мекард, барои «рӯҳафтодагии тоқатфарсо» гунаҳгор медонист. Ин нукта ва амнияти давлатиро ба назар гирифта, Би-Би-Си шумораи барномаҳои ҳамарӯзаи ахборро аз 10 шумора то ба 6 адад кам кард. Мундариҷаи барномаҳои ахбор низ тағйир ёфтанд. Дар барномаҳо дар бораи вазъи боду ҳаво сухан гуфта намешуд, то ки душман аз ин истифода карда, тайёраҳояшро барои бомбаборон кардани Британия нафиристад. Барномаҳои ахбор тавре таҳия карда мешуданд, ки душман аз онҳо камтар иттилои заруриро бигирад.

10


Дар ҳамин ҳол аз Би-Би-Си барномаҳое пахш мешуданд, ки рӯҳияи ватандӯстии шунавандагонро баланд мебардоштанд. Масалан, дар бораи ҷанги ҳавоӣ бо шодӣ мегуфтанд, ки «Мо худи ҳозир як «Мессершмит»-ро зада афтондем! О, ин чӣ хел зебо буд!» . Тӯли солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон чандин хабарнигори Радиои Би-Би-Си кушта шуданд. Баъзеҳо дар хати фронт тир хӯрданд, баъзеи дигар дар худи Лондон, дар идораи радио аз инфиҷори бомба ба ҳалокат расиданд. Бори аввал, моҳи сентябри соли 1940 аз бомбаи авиатсияи немисҳо толори газетаҳои маркази пахши барномаҳои радио хароб шуд. маротибаи дуюм, 15 октябр бомбаи немисҳо боз инфиҷор шуда, хисораи зиёд овард. Аз он 7 нафар кушта шуданд. Ҳамин вақт гӯянда Брюс Белфраҷ ахбори соати нӯҳро мехонд. Вай ба садои таркиш ва дуди он нигоҳ накарда, хондани ахборро идома дод. Дар студияи дигар, ки наздик буд, ахбор ба забони немисӣ ба эфир мебаромад. Аз ин инфиҷор якчанд студия вайрон шуданд. Камтар аз ду моҳ пас, 8 декабр боз як инфиҷоре ба вуқӯъ пайваст. Минае дар назди Портленд таркид ва аз он низ ба бинои радио ва студияҳо зиён расид. Ба ин нигоҳ накарда, барномаҳо пахш мешуданд. Ҳамон рӯз танҳо ахбор ба забони норвегӣ ба эфир набаромад. Тӯли як соати пас аз инфиҷор умури аврупоии Радиои Би-Би-Си аз студияи иловагӣ барномаҳояшро пахш кард. Моҳи апрели соли 1941 як нафар корманди Радиои Би-Би-Си аз бомбаборони биноҳои атроф ба шаҳодат расид. Пас аз қариб як моҳ бомбаи авиатсияи Олмони фашистӣ рост ба студияи Мэйди Вэйл афтод ва як нафар корманди бахши немисии радио кушта шуд. Моҳи июли соли 1944 бошад, бомба ба бинои радио афтод ва аз он даҳҳо нафар сахт захмӣ шуданд. Ҳамин вақт ба муддати кӯтоҳе пахши барномаҳо қатъ шуданд . Дар Радиои Би-Би-Си солҳои аввал номи гӯяндаҳоро ифшо намекарданд. Тобистони соли 1940 Би-Би-Си одати номбар накардани гӯяндаҳоро барҳам зад, то ки шунавандаҳо онҳоро бишиносанд ва вақти ба эфир баромаданашон ба радио гӯш бидиҳанд. Аввалин гӯяндае, ки номи худро ифшо кард, Франк Филлипс буд. Ин амал 13 июли соли 1940 ба вуқӯъ пайваст. Гӯяндаи дигар Уилфрид Пиклз, ки моҳи ноябри соли 1941 ба хондани ахбор шурӯъ карда буд, ба зуддӣ маҳбуби шунавандаҳо гардид. Соли 1941 Би-Би-Си маъракаи «Ғалаба»-ро шурӯъ кард. Он моҳи январ аз

11


бахши белгиягии радио оғоз шуд. Гӯяндаҳо шунавандаҳои худро ба ғалаба бар фашизм даъват мекарданд. Ҳамин буд, ки шунавандаҳо ба ҷонибдории Радиои Би-Би-Си дар дару девори биноҳо бо бӯр V (виктория — ғалаба) менавиштанд. Ин амал дар кишварҳои ғасбкардаи немисҳо дар Фаронса, Белгия, Нидерландия ва ғайра сурат мегирифт. Баъдан садои V (рамзи ғалаба) ба алифбои Морзе – се садои кӯтоҳ ва як дароз бо зарби нағора пахш мешуд. Маъракаи мазкур то моҳи майи соли 1942 идома ёфт. Солҳои ҷанг Радиои Би-Би-Си барои аксари мардуми кишварҳои ғасбгардида ягона умеди ғалаба буд. Шунавандаҳо ҷони худро зери хатар монда радиои мазкурро гӯш мекарданд. Танҳо дар Олмон Радиои Би-БиСи ҳудуди 10 миллион нафар шунаванда дошт. 6 июни соли 1944 Ҷон Снагҷ, гӯяндаи Радиои Би-Би-Си аз оғози ҳуҷуми иттифоқчиён ба марзи ғасбкардаи фашистон дар Аврупо хабар дод. Ҳамон бегоҳӣ ахбори соати 9 бо аввалин барномаи нимсоатаи «Иттилои низомӣ» шурӯъ шуд, ки манзараи пурраи фронтро инъикос мекард. Хабарнигороне, ки дар фронт буданд, фаъолияти низомиро меомӯхтанд, то ки дар бораи рӯйдодҳо иттилои аниқ бидиҳанд. Ҳамон вақт сабти овоз дар дискҳо шурӯъ шуд, ки он ба громофон монанд буд. Ин дастгоҳ хеле вазнин –13 килограмм буд ва дар як диск ҳамагӣ 2 дақиқа садоро сабт мекард. Ин ба мухбирони Би-Би-Си озодии навро ато кард ва навоварие дар пахши барномаҳо буд. Барномаи «Иттилои низомӣ» пас аз як рӯзи таслим шудани Олмони фашистӣ қатъ гардид. Тӯли қариб як соли пахши ин барнома 235 бюллетени вай аз радио садо дод. Омода кардани барномаҳо кори осон набуд. Хабарнигорон ҷони худро зери хатар гузошта иттилои низомӣ ҷамъ меоварданд. Ду нафар хабарнигори барнома Кент Стивенсон ва Гуй Бям дар ҷанг кушта шуданд. Қобили тазаккур аст, ки дар ҳамин давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон, 28 декабри соли 1940 пахши барномаҳои форсии Би-Би-Си шурӯъ шуданд. Сараввал ҳафтае ҳамагӣ 1 соат барнома ба забони форсӣ пахш мешуд. Барномаҳои бахши форсӣ асосан ба шунавандаҳо дар Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои тоҷикзабони Осиёи Миёна равона шуда буданд. Би-Би-Си аз аввалин радиоҳои хориҷӣ мебошад, ки пахши барномаҳояшро ба забони русӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ кардааст. Британия иттифоқчии СССР бошад ҳам, охири соли 1942 Би-Би-Си ба

12


забони русӣ пахши барномаҳояшро оғоз кард. Мӯҳтавои барномаҳои мазкур ғаразноку ғайридӯстона буд ва бинобар ин баъди муддате ба пахши онҳо хотима дода шуд. Факти мазкур ҳоло пинҳон дошта мешавад ва оғози пахши барномаҳои русии Би-Би-Си-ро 24 марти соли 1946 ном мебаранд. Тӯли солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон тарғибот ба Олмони фашистӣ аз ҳадафҳои асосии Би-Би-Си маҳсуб мешуд. Аз ҷумла, агар соли 1939 ҳафтае барномаҳои Би-Би-Си ба забони немисӣ 7 соат бошад, пас он соли 1941 ба 28,5 соат, соли 1943 ба 34,5 соат расид. Барномаҳои иттилоотии Би-Би-Си ҳамарӯза барои Олмон 15-20 маротиба садо медоданд. Ахбор дар барномаҳои Би-Би-Си аз ҳама муҳим гардида, қисми зиёди вақти пахшро фаро мегирифт . Дар ҳамин ҳол ба қавли муҳаққиқи америкоӣ Д. Катс на танҳо бюллетенҳои ахборӣ, балки тафсиру интерпретатсияи рӯйдодҳо, ки БиБи-Си пахш мекард, мӯътамад набуданд . Дар солҳои 1941-1943 Би-Би-Си пахши барномаҳояшро ба якчанд забону минтақаҳои нав, аз ҷумла ба забонҳои осиёӣ шурӯъ кард. Ҳамин тавр, дар охири соли 1943 Би-Би-Си ба 43 забони дунё барнома пахш мекард. Он вақт танҳо ҳаҷми барномаҳои аврупоии Би-Би-Си ҳафтае қариб ба 290 соат расида буд. Воқеан, бо наздик шудани ғалаба ба Олмони фашистӣ тарғиботи зидди шӯравӣ ва зидди коммунистии Би-Би-Си афзуд. Вай барномаҳояшро барои Олмон ва Италия кам карда, аз ин ҳисоб ҳаҷми барномаҳояшро барои Булғористон, Маҷористон ва Гретсия афзун намуд. Яъне, барои Британия аз фашизм дида, сохти сотсиалистӣ душмани ашаддӣ маҳсуб мешуд. Бояд гуфт, ки олоти тарғиботии Британия — Би-Би-Си пас аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ озод кардани кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз Олмони фашистӣ тарғиботро ба ин мамлакатҳо зиёд кард. Масалан, агар ҳаҷми барномаҳои Би-Би-Си дар соли 1941 барои Лаҳистон ҳафтае 7 соат бошад, он дар соли 1945 ба 18,5 соат расид. Мутаносибан ҳаҷми барномаҳо барои Чехословакия аз 9 соат ба 17 соат афзуданд. Соли 1941 Радиои Би-Би-Си умуман барои Австрия ба забони немисӣ барнома пахш намекард. Соли 1945 бошад, барои ин кишвар ҳафтае 14 соат барнома пахш карда мешуд. Ин ҳама албатта, барои бурдани «ҷанги сард» зидди СССР замина буд.

13


Моҳиятан тарғиботи Би-Би-Си барои кишварҳои сотсиалистӣ ва рӯ ба рушд характери иртиҷоӣ дошт. Зеро мубориза зидди шӯравӣ ва зидди коммунизм ҳадафи асосии тарғиботии он маҳсуб мешуд. Би-Би-Си одатан пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ин кишварҳоро нодида мегирифт. Айни замон камбудии андак ва нобасомониеро шадидан интиқод карда, табли шодӣ мезад. Ҳар вақте ки Ширкати Би-Би-Си барои кам кардани хароҷот коҳиш додани ягон барномаи хориҷиро тасмим гирад, ҳаҷми барномаҳо барои кишварҳои сотсиалистӣ бе тағйир мемонд. Ҳанӯз соли 1954 Кумитаи Дрогхед тавсия дода буд, ки радиошунавониро барои Аврупои Ғарбӣ кам карда, ҳаҷми барномаҳоро барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ бетағйир монанд. Зеро радиошунавонӣ барои Аврупои Ғарбӣ чандон муҳим нест . Воқеан ҳам, кишварҳои абарқудрат барои мамолики ИДМ ва давлатҳои «олами сеюм» бурдани тарғиботи радиоиро афзал медонанд. Зеро ҳадафҳои ин давлатҳо пурзӯр кардани мавқеи худ дар давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ, нигоҳ доштани нуфузи худ дар мамолики суструшдёфтаи Африкаву Шарқи наздик ва Осиёи ҷанубӣ мебошад. Солҳои аввали пайдоиши Радиои Би-Би-Си робита бо шунавандаҳои шӯравӣ хеле мушкил ва ҳатто имконнопазир буд. Вазъияти иртиботӣ бо аудитория дар Радиои Би-Би-Си низ хуб набуд. Фрэнк Уилямс, директори шӯъбаи маркетинги Ширкати РАО/РО, ки аз соли 1977 то соли 1989 ва солҳои 1995- 2001 дар Радиои Би-Би-Си кор кардааст, дар мусоҳиба ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар бораи корашон дар бахши русӣ гуфтааст: «Мо соле аз СССР на бештар аз 2- 3 мактуб мегирифтем. Мо худ шӯъбаи таҳқиқотӣ доштем, вале иттилои он чандон зиёд набуд. Бинобар ин мо аз маводи шӯъбаи пажӯҳишии Радиои «Озодӣ», ки дар Париж буд, истифода мекардем» . Солҳои минбаъда вазъият дигар шуд, мухбирони Радиои Би-Би-Си бевосита аз СССР хабару гузориш медоданд. Ин хабару гузоришҳо нисбат ба барномаҳои Радиои «Озодӣ» беғараз буданд. Аз ин рӯ, ба қавли нависанда Эйтан Финкелштейн: «Аксари шунавандаҳои Шӯравӣ гӯш кардани барномаҳои Радиои Би-Би-Си-ро мепазируфтанд» . Соли 2004-ум барои Ширкати Би-Би-Си соли хеле мушкил буд. Дар ин сол муносибати байни ҳукумат ва Би-Би-Си хеле муташанниҷ гардид. Пас аз

14


ворид шудани нерӯҳои Британия ба Ироқ Ширкати Би-Би-Си ба ин кишвар як дастаи мухбирони худро фиристод. Онҳо дар гузоришҳои худ то андозае воқеиятро инъикос мекарданд, ки ин боиси норозигии мушовири сарвазир оид ба коммуникатсия Алистер Кэмпбелл гардид. Вай аз роҳбарияти Би-Би-Си талаб кард, ки ин дастаи мухбиронро иваз бикунад. Роҳбарияти ширкат ин талаби мушовири сарвазирро рад намуд. Моҳи феврали соли 2004 рӯзномаи «Санди таймс» мактуби директори генералии Би-Би-Си Грег Дайкро ба ҳукумат, ки ҳамон вақт фиристода буд, ба табъ расонд. Дар ин нома Г. Дайк қатъиян дахолат кардан ва фишор овардани ҳукуматро ба фаъолияти Би-Би-Си маҳкум мекард. Ҳанӯз 29 майи соли 2003 дар барномаи «Имрӯз»-и Радио-4-и Би-Би-Си журналист Эндрю Чиллиган изҳор намуд, ки Ҳукумати Британия маълумотномаи мушовири вазорати мудофиа Дэвид Келлиро тақаллубкорӣ намудааст, ки гӯё Ироқ дар тӯли 45 дақиқа метавонистааст силоҳи қатли омро истифода бикунад. Гӯё, ана ҳамин маълумот сабаби ба хоки Ироқ ворид шудани нерӯҳои Британия шуда бошад. Ҳукумат аз Би-Би-Си талаб кард, ки сарчашмаи ин иттилоъро ифшо намояд. Роҳбарияти Би-Би-Си аз ифшои номи сарчашмаи иттилоъ худдорӣ намуд ва ҳукумат худаш ба таҳқиқи ин қазия даст зад. Вай маълум кард, ки иттилои мазкурро ба хабарнигори Би-Би-Си худи Д. Келли додаст. Д. Келли пас аз ифшои номаш даст ба худкушӣ зад. Баъдан, охири соли 2004 дар матбуоти Британия хулосаи комиссияи тиббӣ ба табъ расид, ки худкушӣ будани ин ҳодисаро рад мекард. Пас аз ин ҳодиса байни ҳукумат ва Ширкати Би-Би-Си ҷанги шифоҳӣ шурӯъ шуд. Ҳукумат Шӯрои сарпарастони Би-Би-Си-ро барои роҳбарӣ карда натавонистанаш ба ширкат ва пахши ахбори ғайриобъективӣ айбдор намуд. Вазирон таҳдид мекарданд, ки ба хартияи нави Би-Би-Си, ки соли 2006 қабул мешавад, тағйирот ворид намуда, ширкатро побанди мақомоти давлатӣ мекунанд. Барои таҳқиқи «қазияи Келли» комиссияи махсуси давлатӣ бо сарварии лорди консерватор Хаттон таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2004 комиссия хулосаи худро чоп кард, ки тибқи он ба марги Д. Келли Би-БиСи ҳамчун сарчашмаи иттилои санҷиданашуда айбдор дониста шуд. Пас аз ин қазия раиси Ширкати Би-Би-Си Гейн Дэвис ва директори генералӣ Грег Дайк ба истеъфо рафтанд. 6 ҳазор кормандони Би-Би-Си ба

15


нияти эътироз барои аз кор рафтани «муборизи мустақилият ва воқеанигории журналистика» Г. Дайк мактуби ҳамраъйӣ навишта, бо шиорҳои «Дайкро баргардонед!» намоиш ташкил карданд. Агар ин ҳодисаро бо рафтани собиқ директори генералӣ Ҷон Берт аз кор муқоиса бикунем, он вақт вайро то дари муассиса ҳамагӣ 8 нафар гусел карда буданд. Ба ҷои Г. Дайк муовини вай, Марк Байфорд директори генералӣ таъин гардид. Лорд Райдер, намояндаи ҳизби консервативӣ муваққатан раиси Ширкати Би-Би-Си таъин шуд. Бо таъин шудани ин ду нафар ба вазифаҳои роҳбарӣ Би-Би-Си тамоюли худро дигар карда, дастнигари ҳукумат шуд. Роҳбарият талаб мекард, ки хабарнигорон аз мансабдорони ҳукуматӣ бахшиш пурсанд. Лорд Райдер худаш аввалин шуда, вобаста ба қиссаи Дэвид Келли аз тариқи телевизион расман бахшиш пурсид: «Аз номи Би-Би-Си бе ягон дудилагӣ барои хатои мо, ки аз он ба шаъну шарафи касе зиён расида бошад, узри самимӣ мепурсам» . Охири моҳи феврал намояндаҳои 40 иттифоқи касабаи Би-Би-Си барои муҳокимаи нақшаи дастгирии Би-Би-Си дар парламент ҷамъ омаданд. Як гурӯҳи журналистони маъруфи Би-Би-Си аз қабили муҳаррири шӯъбаи рӯйдодҳои ҷаҳонӣ Ҷон Симпсон, муҳаррири барномаи «Имрӯз» Ҷон Хэмфрис, муҳаррири шӯъбаи ахбори корӣ ва барандаи барномаи «Ахбори шабона» Ҷереми Паксмен ба лорд Райдер мактуб фиристода, талаб карданд, ки ба раддиядиҳиҳои беасос хотима гузошта шавад. То миёнаи моҳи марти соли 2004 роҳбарияти Би-Би-Си қазияи журналистони «саркаш»-ро аз барномаҳои ахборӣ ва муҳим баррасӣ карда, баъзеашонро аз кор ронданд ва қисми дигарашонро маҷбуран ба шунидани семинарҳои махсуси дуҳафтаина, ки «беғаразона андешидан»ро меомӯзонданд, фиристоданд. Моҳи апрели соли 2004 раиси нави Ширкати Би-Би-Си Майкл Грейд таъин карда шуд. Вай то ин вақт директори иҷроияи канали 4-уми телевизиони Британия буд. Ба вазифаи директори генералӣ бошад, Марк Томпсон, ки солҳои 2001-2002 директори телевизиони Би-Би-Си ва баъдан 2 сол вазифаи директори иҷроияи телевизиони мустақили Канали 4-уми телевизиони Британия буд, таъин гардид. Марк Томпсон 31 июли соли 1957 дар Лондон дар оилаи муҳосиб таваллуд шудааст. Ӯ факултаи забони англисии Донишгоҳи Оксфордро хатм карда, вақти 22-сола буданаш корро

16


дар Би-Би-Си ба ҳайси коромӯзи шӯъбаи ахбори телевизион шурӯъ кардааст . Моҳи декабри соли 2004 роҳбарияти Ширкати Би-Би-Си, аз ҷумла директори генералӣ Марк Томпсон нақшаи ислоҳоти васеъро эълон намуд. Аз рӯи нақшаи мазкур шумораи кормандони Ширкати Би-Би-Си бояд 6 ҳазор нафар кам карда, аз 28 ҳазор нафар ба 22 ҳазор нафар расонида шавад. Аз шумораи умумии ихтисоршавандагон бояд нисфашон корро тарк кунанд ва қисми боқимона ба маркази нави Би-Би-Си, ки дар Манчестер аст, бикӯчанд. Роҳбарият як қисми барномаҳои варзишӣ ва кӯдаконаро аз қабили Радиои мустақими 5-ум, «Би-Би-Си-спорт», барномаи футбол- «Бозии рӯз», барномаи кӯдаконаи «Сибибиз», «Си-БиБи-Си» ва ғайраро ба Манчестер мекӯчонад. Ин амал барои аз марказ ҷудо кардани баъзе барномаҳо ва ба манотиқи шимолии кишвар наздик бурдани онҳо сурат мегирад. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур тӯли 10 сол 500 млн. фунт стерлингро ташкил медиҳад, ки 50 млн. фунт стерлингашро Би-Би-Си аз Оҷонсии рушди минтақаҳои шимолӣ гирифтанӣ аст. 8 декабри соли 2004 Марк Томпсон ба Телевизиони Русия гуфт, ки тӯли 3 соли минбаъда 3 ҳазор нафар корманди хадамоти ёрирасони BBC аз кор озод карда мешаванд. Аз ин ҳисоб 450 млн. евро сарфа мешавад. Ҳамчунин роҳбарияти Би-Би-Си тасмим дошт, ки як қисми муассисаҳои тиҷоратиашро аз қабили «Би-Би-Си бродкаст», ки брэндҳои махсус ва титрҳо барои ношунавоён тайёр карда, сайтҳои Би-Би-Си-ро дар Интернет дар даст дорад, ба Ширкати франсузии «Томсон» ба 100 млн. фунт стерлинг фурӯшад. Ҳамчунин қисми дигари ширкат «Би-Би-Си ризорис», ки барои барномаҳои телевизионӣ сару либос ва ороишҳо тайёр мекунад, тибқи ин нақша бояд ширкати мустақил мешуд. Қобили зикр аст, ки даромади солонаи «Би-Би-Си ризорис» соле ба 7 млн. фунт стерлинг мерасад. Пас аз баррасиҳо маъмурият ба хулоса омад, ки набояд ҳамаи таркибҳои тиҷоратии Би-Би-Си фурӯхта шаванд. Ҳамчунин тибқи нақшаи роҳбарият бояд дастгоҳи идораи Ширкати БиБи-Си ихтисор карда шавад, ки ин соле то 300 млн. фунт стерлингро сарфа мекунад. Ҷомеа ба амалӣ шудани ин нақшаи М. Томпсон нобоварӣ зоҳир кард. Аз ҷумла, рӯзномаи «Обсервер» навишт, ки роҳбариятро мебояд, ба ҷои

17


захираҳоро барҳам задан ва кормандонро пеш кардан, сари мустақилияти Би-Би-Си андешад . Тавассути Би-Би-Си аксари англисҳо бо арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ шинос мешаванд. Зеро дар барномаҳои вай на танҳо сиёсатмадорону мансабдорон, балки файласуфону нависандагон, оҳангсозону ҳунарпешаҳои машҳур баромад мекунанд. Би-Би-Си спектаклҳои телевизиониву радиоӣ пахш мекунад. Ҳамчунин вай филмҳои таърихию фарҳангӣ намоиш дода, дар ташаккули маънавиёти бинандаҳои англис саҳми босазо дорад.

18


Фасли 2 СОХТОРИ ИДОРАИ ШИРКАТИ БИ-БИ-СИ Сарвари Корпоратсияи радиошунавонии Британия (Би-Би-Си), раиси Шӯрои идора бо тавсияи сарвазир бо фармони шоҳ таъин карда мешавад. Аввалин раиси Шӯрои идораи Би-Би-Си Ҷозеф Алберт Пиз (1860-1943) буд, ки лорд Гайнфорд мегуфтанаш. Ӯ ин вазифаро то соли 1926 иҷро кардааст. Пасон солҳои 1927-1930 Эрл Кларендон(1877-1955) вазифаи мазкурро ба дӯш дошт. Дар солҳои 1930- 1935 — Ҷон Ҳенри Витли (18661935), соли 1935 –Виллиам Слайв Бриҷмен (1864-1935), солҳои 1935-1939 – Роналд Коллет Норман (1873-1963), солҳои 1939-1946 – Ҷорҷ Аллан Повел, соли 1947- Филип Алберт Инман (1892-1979), солҳои 1947-1952 – Эрнест Эмил Дарвин Симон, солҳои 1952-1957 Александр Ҷорҷ Кадоган (18841968), солҳои 1957-1964 — Артур Форд (1900-1985), солҳои 1964-1967Норман Кравен Брук (1902-1967), солҳои 1967-1972 –Чарлс Хилл (1904-1989), солҳои 1973-1980 –Майкл Сван (1920-1990), солҳои 1980-1983 – Ҷорҷ Гарвард (1920-1984), солҳои 1983- 1986 – Стюарт Янг (1934-1986), солҳои 1986-1996 – Мармадюк Хюсси, солҳои 1996-2001 –Кристофер Бленд, солҳои 2001-2004 – Гейвин Дэвис раиси Шӯрои идораи Би-Би-Си буданд. Аз соли 2004 ба ин ҷониб вазифаи мазкурро Майкл Грейд ба дӯш дорад. Бино ба маълумоти маҷаллаи «Англия» ба аъзои Шӯрои идора ашхоси дар ҷомеаи кишвар маъруф шомил мешаванд . Ба қавли пажӯҳишгар А. Сэмпсон шӯъбаҳои расмии радио ва телевизиони Би-Би-Си ба Шӯрои идора тобеъанд. Шӯро дар як моҳ як маротиба барои тафтиши фаъолияти директори генералӣ ва сармаъмури корпоратсия ҷамъ мешавад. Аъзои Шӯрои идора ба мӯҳлати 5 сол аз ҷониби вазири почта таъин мешаванд . Баъдан вазифаи мазкур ба ӯҳдаи Вазорати умури дохила гузошта шуд. Ҳоло ба ҳайати Шӯрои идора ба ғайр аз раис боз 11 нафар шомиланд. Муовини раиси Шӯрои идора, мудири коргузории Шотландия, мудири коргузории Уэлс, мудири коргузории Ирландияи Шимолӣ ва боз 7 мудири дигар аз ин ҷумлаанд. Аксари узви Шӯрои идора дар бораи кори радио ва телевизион тасаввуроти амиқи касбӣ надоранд. Аз ин рӯ, ба корпоратсия воқеан раиси Шӯрои идора ва директори генералӣ роҳбарӣ мекунанд. Қобили тазаккур аст, ки соли 1934 барои нишон додани «ҷамъиятӣ» 19


будани Би-Би-Си як мақоми дигари машваратии корпоратсия бо унвони Шӯрои машваратии генералӣ таъсис дода шуд. Расман мақоми мазкур бояд ба назорати «васеи ҷомеа» ба фаъолияти Би-Би-Си мусоидат намояд. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин шӯроҳои машваратии минтақавӣ вобаста ба манотиқи пахши барномаҳо дар дохили кишвар ва шӯроҳои машваратии вижагӣ оид ба барномаҳои мусиқӣ, доир ба мактабҳо ва ғайра таъсис ёфтанд. Ба кори ҳамарӯзаи корпоратсия Шӯрои директорон назорат мекунад. Директори генералии корпоратсия аз ҷониби раиси Шӯрои идораи корпотатсия таъин карда мешавад. Аввалин директори генералии Ширкати Би-Би-Си Ҷон Рейт буд ва ӯ вазифаи мазкурро аз соли 1922 то соли 1938 ба ӯҳда дошт. Баъдан дар солҳои 1938- 1942 – Ф. В. Огилвай, солҳои 1942-1943 – Сейкл Грейвс, солҳои1942-1944 –Р.В. Фут, солҳои 19441952 — Ян Якоб, солҳои 1960-1969 – Ҳ. К. Грин, солҳои 1969- 1977 –Чарлс Кюрран, солҳои 1977 –1982 — Ян Тресован, солҳои 1982-1987 – Аласдайр Милн, солҳои 1987-1992 – Майкл Чекланд, солҳои 1992-2000 – Ҷон Бирт ва солҳои 2000-2004 – Грег Дайк директори генералӣ буданд. Ҳоло аз соли 2004 ба ин ҷониб вазифаи директори генералии Ширкати Би-Би-Си-ро Марк Томпсон ба дӯш дорад. Ба узвияти Шӯрои директорон мушовири махсуси директори генералӣ, директори умурҳои асосӣ – радиошунавонии дохилӣ, телевизион ва барномаҳои хориҷӣ, мудири идораҳои техникӣ, маъмурӣ, молия ва директори масоили ҷамъиятӣ шомиланд. Аз саҳифаҳои таърихи Би-Би-Си маълум мешавад, ки аксаран ба мақоми роҳбарикунанда намояндагони синфи ҳукмрон пешбарӣ шудаанд, то ки онҳо бо ин воситаи пурқудрати тарғиботӣ манфиати синфиаашонро дифоъ бикунанд. Масалан, соли 1956, ки он вақт аъзои Шӯрои идора аз 7 нафар иборат буд, 5 нафарашон хатмкардаи баобрӯтарин коллеҷи Британия – Итон буданд. Раиси Шӯрои идора собиқ корманди баландмақоми Вазорати умури хориҷии Британия А. Кадоган буд. Пеш аз А. Кадоган ин вазифаро соҳиби калонтарин консерни мошинсозӣ лорд Саймон адо мекард. Он вақт бо ӯ ба Шӯрои идора лорд Клапдемюйер — директори ширкати пӯлодгудозии Шотландия, лорд Тейдер — маршали авиатсия, собиқ сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Британия ва дигарон шомил буданд.

20


Ба Шӯрои генералии машваратӣ низ ашхоси хеле бонуфуз дохил мешуданд. Аз ҷумла, раиси Шӯро лорд Галифакс — собиқ вазири умури хориҷӣ, яке аз лидерони ҳизби консервативӣ буд. Домоди сарвазир Черчилл – Сендис, лорд Бернем- директори «Дейли телеграф», Андерсондиректори фирмаи ҳарбиву саноатии «Виккерс» ва ғайра узви Шӯрои генералии машваратӣ маҳсуб мешуданд. Дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-ум раисии Шӯрои идораи БиБи-Си-ро Артур Форд ба ӯҳда дошт, ки вай ҳамчунин адвокат, директори Бонки Вестминстер ва директори ширкати бимавӣ буд. Вазифаи директори генералиро бошад, коршиноси машҳур оид ба ташкили «ҷанги психологӣ» Хю Грин иҷро мекард. Пас аз А. Форд лорд Норманбрук, ки пештар котиби кабинети вазирон буда, умури хуфияи Англияро сарпарастӣ мекард, раиси Шӯрои идораи Би-Би-Си шуд. Аз соли 1967 то соли 1973 собиқ вазири ҳукумати консерваторон лорд Хилл раиси Шӯрои идораи корпоратсияи Би-Би-Си буд. Баъдан ба ин вазифа профессори иртиҷоии Донишгоҳи Эдинбург Майкл Сван таъин гардид. Фаъолияти ҳамарӯзаи Би-Би-Си аз ҷониби 16 бахши гуногун идора карда мешавад. Роҳбарии умумии ҳаррӯзаро Шӯрои директорон анҷом медиҳад, ки ҳоло ба он 9 директор ва директори генералӣ шомиланд. Дар давоми фаъолияти Би-Би-Си шумораи аъзои Шӯрои идора тағйир ёфтааст. Сараввал дар оғози фаъолият ҳамагӣ 5 нафар узви Шӯрои идора таъин мешуданд. Баъдан аъзои он аз соли 1940 ба 7 нафар, аз соли 1952 ба 9 нафар ва аз соли 1981 ба 12 нафар расид. Узви Шӯрои идора фаъолияти Би-Би-Си-ро ба танзим медароранд. Онҳо расман ҳадафҳои корпоратсияро муайян карда, ҳини ҳисоботи ҳарсола дар парламент барои ҷудо кардани маблағ мусоидат менамоянд. Ҳоло ҳайати мазкурро шоҳ пешниҳод намуда, Шӯрои вазирон тасдиқ мекунад. Онҳо манфиатҳои ҷомеа ва манфиатҳои тамошобинону шунавандаҳоро дифоъ мекунанд. Шӯрои идораи Би-Би-Си то моҳи марти соли 2004 аз шахсони зерин иборат буд: Лорд Райдер, Ричард Эйр, Адриан Вайт, Дебора Булл, Рат Дич, Дермот Глисон, Мерфун Ҷонс, Фабиан Мондс, Полин Невилл – Ҷонс, Анжела Саркис, Роберт Смит, Ранҷит Сундҳай. Таҳлили интихоби кадрҳо ба мақомоти роҳбарикунандаи корпоратсияи Би-Би-Си бори дигар аз он далолат мекунад, ки вай олоти тарғиботии Ҳукумати Британия ва синфи сармоядор аст.

21


Журналисти англис Х. Фейган мегӯяд: «Он чӣ мегӯянд, ки радиошунавонӣ озод аз назорати ҳукумат аст, албатта, дурӯғ мебошад. Ин саробест, ки устокорона ҷонибдорӣ мешавад ». Ҳамчунин алоқаи Би-Би-Си бо аппарати давлатӣ аз радиошунавонӣ ба хориҷа рӯшан мегардад. Агар радиошунавонии дохилии Би-Би-Си иртиботи сиёсиву ташкилӣ дошта бошад, пас маблағгузории радиошунавонии хориҷӣ аз ҷониби ҳукумат сурат мегирад . Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки маблағгузории ҳукуматӣ маънои онро надорад, ки Би-БиСи мустақил набошад. Беҳуда намегӯянд, ки «касе пул медиҳад, вай мусиқиро фармоиш медиҳад». Воқеан, на танҳо самти сиёсӣ ва мундариҷаи барномаҳои Би-Би-Си, балки шумораи забонҳое, ки ба онҳо барномаҳо пахш карда мешаванд, аз ҷониби ҳукумат муайян мегарданд. Масалан, моҳи августи соли 1975 вазири умури хориҷии Британия дар парламент гуфт, ки барои демократия дар Португалия тавсеаи барномаҳои Би-Би-Си барои ин кишвар муҳим аст. Пас аз чанде пахши барномаҳои Би-Би-Си ба ин мамлакат афзуд. Ба қавли профессори америкоӣ Л. Мартин дар Британия масъулияти тарғибот ба хориҷа ба дӯши шӯъбаи иттилоотии вазорати умури хориҷа аст. Шӯъбаи мазкур сиёсат ва мундариҷаи тарғиботи хориҷиро муайян мекунад . Шӯъбаи ахбори вазорати умури хориҷа, ки бевосита ба муовини вазир тобеъ аст, ба омода кардани маъракаҳои тарғиботии муштарак бо радио ва телевизион барои дастгирии сиёсати Британия масъул мебошад. Шӯъбаи сиёсати иттилоотии вазорат ҳамаи тарғиботи хориҷии кишварро назорат мекунад. Ба гуфти муҳаққиқи венгер А. Тардош банақшагирии барномаҳои хориҷии Би-Би-Си аз рӯи нақшаи вазорати умури хориҷӣ сурат мегирад. Масалан, тафсир ё ягон хабар як ё ду ҳафта пеш аз рӯйдоди ба нақша гирифта шуда бо тавсияи вазорати умури хориҷа омода карда мешавад ва радио пешакӣ мавқеашро вобаста ба ин ҳодиса муайян мекунад (In: Tardos A. Nyugat Radiok. A Leletani Hadviseles Szelgatan. –Budapest, 1966). Ба қавли муҳақкиқи рус Л. Мақсудов солҳои 70-уми садаи XX ҳар як хабари муҳим дар Би-Би-Си танҳо бо иҷозати вазорати умури хориҷа садо медод . Собит шудааст, ки Би-Би-Си бо Умури хуфияи кашшофии Британия

22


(Сикрет интеллиҷенс сервис) иртиботи қавӣ дорад. Сикрет интеллиҷенс сервис 1 октябри соли 1909 таъсис ёфта, бо номи МИ-6 низ маъруф аст. Ҳанӯз 16 декабри соли 1968 рӯзномаи «Известия» ҳуҷҷатҳои махфии ҳамкории Би-Би-Си-ро бо ин мақомоти низомӣ ба табъ расонида буд. Ҳамкории мазкур тӯли даҳсолаҳо идома дорад. Ба қавле ҳамкории мазкур ҳанӯз дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон шурӯъ шудааст. Ба гуфти собиқ корманди масъули разведкаи Британия Доналд Маклахан, ки узви Шӯрои генералии машваратии Би-Би-Си буд, ҳини ҷанг шӯъбаи махсуси кашшофии ҳарбӣ бо номи М 1.19 таъсис ёфт. Шӯъбаи мазкур бо гурезаҳо, ки ба Британия омада буданд, кор мебурд. Дар шӯъбае, ки иттилои қиматбаҳо дошт, намояндаҳои Би-Би-Си ҳам кор мекарданд ва дар бораи аудиторияву шунавоии барномаҳояшон иттилоъ мегирифтанд. Ҳамчунин Би-Би-Си аз хизмати шӯъбаи иттилоотии умури кашшофӣ, ки маълумоти махфӣ дошт, истифода мекард. Би-Би-Си бевосита бо бахши ПРОП-2-и Сикрет интеллиҷенс сервис ҳамкорӣ мекунад. Бахши мазкур бевосита масъули амалиётҳои тахрибкории сиёсӣ ва идеологӣ буда, метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳояш аз барномаҳои Би-Би-Си истифода намояд. Интеллиҷенс сервис метавонад аз Би-Би-Си хоҳиш бикунад, ки ягон хабари ғаразнокро дар барномаҳояш пахш намояд. Ҳамчунин ҷосусҳои хориҷии Интеллиҷенс сервис метавонанд бе ягон мушкилот аз дафтарҳои Би-Би-Си дар хориҷа чун ҷои мулоқот бо хабаркашҳояшон истифода бикунанд. Ба ғайри ин Би-Би-Си бо шӯъбаи дигари Интеллиҷенс сервис бо номи БИН/КООРД, ки дар дохили Британия фаъолияти кашшофӣ мебурд, ҳамкорӣ мекард. Ба навиштаи ҳафтаномаи «Неделя» (1968, № 52) дар яке аз санадҳои ин мақомоти кашшофӣ — Интеллиҷенс сервис омадааст, ки масъалаи ба штати разведка ворид кардани кормандони Би-Би-Си ва ҳамчунин интиқоли кормандони умури кашшофӣ ба Би-Би-Си дар шӯъбаи маъмурӣ ҳал карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки дар Би-Би-Си кашшофони касбӣ кор мекунанд ва ҳамчунин кормандони Би-Би-Си чун хабарнигор супоришҳои умури кашшофиро иҷро мекунанд. Шояд ҳамкории Би-Би-Си ва умури кашшофӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси корпоратсия шурӯъ шуда бошад, зеро усулан чунин радиоҳое, ки ба хориҷа тарғибот мебаранд, аслан бо иқдоми умурҳои кашшофӣ таъсис

23


меёбанд. Мисоли ин гуфтаҳо Радиои «Аврупои озод» (1950) ва Радиои «Озодӣ» (1953) мебошанд, ки аз ҷониби Раёсати марказии кашшофии ИМА таъсис ёфтаанд. Радиоҳои мазкур то соли 1971 аз ҷониби РМК маблағгузорӣ мешуданд. Пас аз ҷанҷол дар Сенати ИМА дар ин мавзӯъ РМК аз маблағгузории радиоҳои номбурда барканор карда шуд. Соли 1976 ин радиоҳо ба ҳам муттаҳид гардида, номи Радиои «Аврупои озод»/«Озоди»-ро гирифтанд. Вале онҳо то ба ҳол вазифаи пештараи худро идома дода истодаанд. Ҳамин аст, ки Би-Би-Си бо радиои мазкур ҳамкории қавӣ дорад. Моҳи майи соли 1974 дар палатаи лордҳо имконоти кам кардани хароҷоти радиошунавонии хориҷии Би-Би-Си баррасӣ гардид. Дар ин ҷаласа ҳамаи собиқ сафирони Британия ҳини суханронӣ зидди кам кардани маблағгузорӣ баромад намуданд. Ба қавли онҳо Би-Би-Си яке аз олотҳои асосии сиёсати миллии Британия дар хориҷа аст. Ин гуфтаҳо барҳақ воқеият доранд ва вазорати корҳои хориҷӣ маълумотҳои тавассути умури гӯшкуниву сабти Би-Би-Си ба даст омадаро фаровон истифода мекунад. Тобистони соли 1977 департаменти иттилоотиву таҳқиқотӣ, ки ба таври махфӣ дар Вазорати умури хориҷии Британия фаъолият мекард, барҳам дода шуд. Ба ҷои он идораи иттилооти хориҷиро таъсис доданд. Мавҷудияти чунин як идораи махфӣ танҳо пас аз барҳам додани он ба ҷомеа маълум гардид. Ибтидои соли 1978 дар матбуоти Англия маълумоте чоп шуд, ки боиси ҷанҷоли калони сиёсӣ гардид. Маълум шуд, ки тӯли қариб 30 сол дар вазорати умури хориҷӣ департаменти иттилоотиву таҳқиқотии махфӣ фаъолият мекардааст. Идораи мазкур соли 1948 таъсис ёфта, вазифаи тасҳеҳу фаъол кардани тарғиботи зидди шӯравӣ ва зидди коммунистиро дар Англия ва хориҷи он ба ӯҳда доштааст. Албатта, иртиботи бевоситаи Би-Би-Си бо вазорати умури хориҷа ва раёсати кашшофӣ пинҳон дошта мешавад ва ин алоқамандиро «робитаи корӣ» меноманд. Ҳамин аст, ки мавзӯи ҷанг дар барномаҳои Радиои Би-Би-Си мавқеи муҳим дорад. Масалан, дар давраи ҷанги Корея барои расонидани таъсири идеологӣ ва психологӣ ба ҷонибдории ИМА корпоратсияи Би-Би-Си дар Сингапур шабакаи радиостансияҳоро таъсис дод. Ҳамин буд, ки соли 1950 ҳаҷми пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си якбора ба даҳҳо соат афзуда

24


ҳафтае ба 643 соат расид. Ин нукта дар гуфтаҳои мудири дафтари душанбегии Радиои Би-Би-Си Сӯҳроби Зиё низ рӯшан мегардад: «Замоне ки дар соли 1991 Ҷанги Халиҷи Форс оғоз шуд, ба манзури бозтоби беҳтари ин вақоеъ «Родиёи 4» ду фрексиони худро ихтисос дод. Ин барномаҳо рӯи мавҷи FM аз 17 январ то 2 марти он сол ҳамарӯза 17 соат пахш мешуд . Бояд гуфт, ки Радиои Би-Би-Си вобаста ба авзои сиёсӣ шумораи забонҳои пахши барномаҳояшро каму зиёд мекунад. Масалан, охири соли 1943, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон Радиои Би-Би-Си ба 43 забон барнома пахш мекард. Солҳои минбаъда ҳаҷми умумии барномаҳои Радиои Би-Би-Си афзуда бошад ҳам, теъдоди забонҳои пахши барномаҳо коҳиш ёфт. Аз ҷумла, дар нимаи дуюми солҳои 70-уми садаи XX Радиои Би-Би-Си дар 52 студияаш ба 38 забони хориҷӣ ҳафтае қариб 700 соат барнома пахш мекард. Он вақт дар шабакаи радиошунавонии хориҷии Би-Би-Си ҳудуди севуним ҳазор нафар кор мекарданд ва ҳамасола барои бурдани тарғибот ба хориҷа аз буҷаи давлатӣ беш аз 20 миллион фунт стерлинг ҷудо мегардид . Радиои Би-Би-Си то моҳи марти соли 2006 ба 43 забон барнома пахш мекард ва ҳафтае онро 150 миллион нафар гӯш мекарданд. Вале акнун пахши барномаҳо ба 10 забони хориҷӣ қатъ гардиданд. Аз ҷумла, бахшҳои булғорӣ, маҷорӣ, юнонӣ, лаҳистонӣ, словакӣ, словенӣ, хорватӣ ва чехӣ, ки барои кишварҳои Аврупои Марказӣ барнома пахш мекарданд, баста шуданд. Ҳамчунин пахши барномаҳо ба забонҳои қазоқӣ ва тайӣ қатъ гардиданд. Дар ҳамин ҳол пахши барномаҳои русии Би-Би-Си барои Қазоқистон идома ёфта истодааст. Ҳамин тавр ҳоло Радиои Би-Би-Си ба 33 забон барнома пахш мекунад. Ҳамзамон пахши барномаҳо барои Бразилия коҳиш дода шуд. Вале сайти бахши бразилии Би-Би-Си дар интернет боқӣ монд. Ба гуфти директори Умури ҷаҳонии Би-Би-Си Найҷел Чэпмен ҳини ба чунин иқдом даст задан 3 омили асосӣ — аҳамияти геополитикии минтақа, дастрасии ВАО-и мустақили миллӣ ва минтақавӣ, нишондиҳандаҳои аудиторияи барномаҳо дар ин маҳалҳо ба назар гирифта шудаанд. Маблағе, ки аз ин амал ба даст меояд, барои шурӯи барномаи телевизионии Би-Би-Си ба забони арабӣ дар соли 2007 масраф мешавад . Қобили зикр аст, ки шунавоии барномаҳои Радиои Би-Би-Си-ро дар

25


тамоми олам 76 мавҷпахшкунак, ки 30-тояш дар хориҷа мебошанд, таъмин мекунанд. Аксари онҳо кӯтоҳмавҷ буда, боқимондаашон барномаҳоро ба мавҷҳои дарозу миёна пахш менамоянд. Барои ба дуриҳо пахш кардани барномаҳо саҳми ретрансляторҳо зиёд аст. Масалан, ретрансляторҳои Радиои Би-Би-Си дар Кипр, Малта, Аден, Малайзия, Либерия ва ғайра ҷойгиранд. Вобаста ба имконот ва иҷозаи кишварҳои дигар Радиои Би-Би-Си ретрансляторҳои худро дар кишварҳои хориҷӣ месозад. Аз ҷумла, соли 1966 дар ҷазираи Вознесения ретрансляторе сохта шуд, ки аз 4 мавҷпахшкунаки иқтидори ҳар кадомашон 250 киловатт иборат буд. Ретранслятори мазкур пахши барномаҳоро барои кишварҳои Африкаи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Америкаи Ҷанубӣ ва мамолики ҳавзаи баҳри Кариб таъмин мекунад. Соли 1969 Радиои Би-Би-Си ретранслятори дигареро сохт, ки иқтидораш ба 1500 киловатт баробар буд. Ин имкон медод, ки Радиои Би-Би-Си барномаҳояшро барои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои арабзабони Шарқи Наздик пахш намояд. Бояд гуфт, ки сохтори бахши бурунмарзии Радиои Би-Би-Си аз соли 1948 то соли 1968 бетағйир буд. Дар ибтидои соли 1969 бахшҳои асосӣ якҷоя шуда, сарредаксияи умури радиошунавониро ташкил доданд. Бахшҳои боқимонда бошанд, ба сарредаксияи барномаҳо муттаҳид шуданд. Тағйироти мазкур аҳамияти он шӯъбаҳое, ки ба таври марказонидашуда тафсир, рубрикаи барномаҳо ва бюллетени ахборро барои умури минтақавӣ омода мекарданд, афзун намуд. Пас аз ин низ дар сохтори радиошунавонии хориҷии Би-Би-Си баъзе дигаргунӣ ба вуқӯъ пайваст ва як гурӯҳ — умури радиошунавонӣ, гурӯҳи дигар — марказонидашуда, гурӯҳи сеюм — ёрирасон ва техникиро ташкил медиҳанд. Дар байни умури радиошунавонӣ гурӯҳи Буш- ҳавс, ки «шабакаи англисӣ» низ меноманд, нақши муҳим дорад. Қариб ҳамаи шӯъбаҳои вай ба як забон — англисӣ барнома омода мекунанд. Дар «шабакаи англисӣ» Умури ҷаҳонии Би-Би-Си (BBC World Service) аз шӯъбаи асосӣ маҳсуб мешавад. Ба қавли журналисти украин Олга Боглевска, ки аввали соли 2005 дар офиси марказии Би-Би-Си коромӯз буд, дар умури номбурда 1200 нафар хабарнигорон кор мекарданд . Барномаҳои шабонарӯзии умури ҷаҳонӣ барои англисзабонони тамоми

26


дунё пешбинӣ шудааст. Умури мазкур аз солҳои 70-уми садаи XX шурӯъ карда, ҳамарӯза беш аз 15 бюллетени ахбор дар мавзӯҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, тиҷорат, варзиш ва нигориши матбуот, мусиқӣ, барномаҳо оид ба илму техника, санъат пахш мекунад. Ба «шабакаи англисӣ» ҳамчунин умурҳои минтақавии пасиуқёнусии БиБи-Си шомиланд, ки барномаҳояшонро ба забони англисӣ ба минтақаи вижаи олам, аз қабили Ҳиндустони Шарқӣ Австралия, Зеландияи Нав, ҷазираҳои Фолкленд, ИМА, Канада пахш мекунанд. Дар «шабакаи англисӣ» шӯъбаҳое низ ҳастанд, ки маводи радиошунавонии дохилиро коркард намуда, барои пахш дар барномаҳои хориҷӣ омода мекунанд. Маводи мазкур ҳамчунин барои истифода ба радиоҳои кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Ҳамзамон дар Би-Би-Си ба радиошунавонии минтақавӣ, ки теъдодашон то ба наздикӣ 10 адад буд, аҳамияти хоса дода мешавад. 5 бахши мазкур аврупоӣ буда, Аврупои Шарқӣ, Аврупои Марказӣ, Аврупои Ҷанубӣ, Фаронса ва Олмонро фаро мегирифт. 5 бахши дигар пасиуқёнусӣ ном дошта ба чунин умурҳо ҷудо мешуданд: африкоӣ, арабӣ, шарқӣ, шарқи дурӣ ва Америкаи Лотинӣ. Ҳамзамон ҳар яки ин умурҳо ба сексияҳо ҷудо шуда, ба забонҳои алоҳида барнома пахш мекарданд. Аз ҷумла, умури Аврупои Марказӣ ба забонҳои полякӣ, чехӣ, словакӣ, маҷорӣ ва финнӣ ҳафтае 70 соат барнома пахш мекард. Умури Аврупои Ҷанубии Радиои Би-Би-Си ба забонҳои итолиёвӣ, испанӣ, португалӣ, грекӣ ва туркӣ барнома пахш мекард. Он солҳо умури немисии Би-Би-Си барои Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Демократии Олмон ва Австрия барнома тайёр мекард. Барои ин се давлат барномаҳои умумӣ ва барои Ҷумҳурии Демократии Олмон (ҶДО) барномаи вижавӣ таҳия мешуданд. Дар ҳамин ҳол Радиои Би-БиСи барои ҶДО ҳафтае беш аз 30 соат барнома пахш мекард, ки ин нисбат ба ду кишвари дигар зиёд буд. Умури франсузии Би-Би-Си барои Фаронса ва Белгия ҳафтае беш аз 25 соат барнома дошт. Ҳамчунин умури мазкур барои фаронсазабонони Африка ҳафтае 20 соат барнома пахш мекард. Умури африкоии Радиои Би-Би-Си ба 3 забон: суахилӣ, хаусу ва сомалӣ ҳафтае камтар аз 20 соат барнома дошт. Ҳамчунин барои кишварҳои қитъаи Африка ба забонҳои фаронсавию англисӣ радиошунавонии Би-Би-

27


Си сурат мегирад. Ба гуфтаи муҳаққиқи рус С. Михайлов дар 25 кишвар ва 46 шаҳре, ки ҷанубтар аз Саҳрои Кабир ҷойгиранд, аз радиоҳои бузурги хориҷӣ Радиои Би-Би-Си афзалият дорад . Қобили тазаккур аст, ки Би-Би-Си ба тарғибот ба забони арабӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, умури арабии Радиои Би-Би-Си ҳаҷми барномаҳояшро сол аз сол зиёд мекунад. Ҳамин аст, ки солҳои 70-уми садаи XX умури мазкур барои кишварҳои арабзабони Шарқи Наздик, Шарқи Миёна ва Африкаи Шимолӣ ҳафтае 70 соат барнома пахш мекард. Феълан Би-Би-Си домони тарғиботиашро ба мамолики арабзабон густариш дода, тасмим дорад, ки аз соли 2007 пахши барномаҳои телевизиониашро ба забони арабӣ шабонарӯзе 12 соат ба роҳ монад. Қобили тазаккур аст, ки ин кӯшиши аввалини Би-Би-Си дар ин ҷода нест. Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-ум Би-Би-Си бо ширкати «Орбит»-и Арабистони Саъудӣ канали телевизионии тиҷоратиро ба забони арабӣ таъсис дода буд. Вале он соли 1996 пас аз баҳсҳо оид ба назорати редаксионии мундариҷаи барномаҳо баста шуд. Дар ҳамин ҳол ба комёбӣ муваффақ шудани канали арабии телевизиони Би-Би- Си хеле мушкил аст. Зеро дар ин минтақа мардум бештар ба Телевизиони «Ал-Ҷазира» (Қатар), таваҷҷӯҳ доранд ва вай дар радифи маъруфтарин телевизионҳои ҷаҳон меистад. «Ал -Ҷазира» тасмим дорад, ки аз баҳори соли 2006 ба пахши 24-соатаи барномаҳояш ба забони англисӣ(«Ал-ҷазира интернэшнл») шурӯъ намояд . Умури шарқии Радиои Би-Би-Си он солҳо барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла барои Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Бирма ва ғайра барнома омода мекард. Умури мазкур ба забонҳои форсӣ, урду, банголӣ, ҳиндӣ, непалӣ, бирмагӣ, тамилӣ ва сингазелӣ барнома дошт. Умури Шарқи Дури Радиои Би-Би-Си ба Чин, Япония, кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё ба забонҳои хитоӣ (барои қисми ҷанубии Чин ва Ҳонконг ба шеваи кантонӣ), японӣ, ветнамӣ, малайӣ, индонезӣ ва тайӣ барнома пахш мекард. Умури Америкаи Лотинии Би-Би-Си ба 18 кишвари ин қитъа ба забонҳои испаниву португалӣ барнома пахш мекард. Соли 1966, пас аз дар ҷазираи Вознесения сохтани ретранслятор Би-Би-Си ҳаҷми радиошунавониашро барои мамолики Америкаи Лотинӣ ҳамон вақт ҳафтае ба 40 соат расонд.

28


Бахши русӣ дар қиболи арабӣ, фаронсавӣ, немисӣ ва испанӣ аз муҳимтарин шӯъбаҳо маҳсуб гардида, ҳаҷми барномаҳо ба ин забонҳо бартарият доштанд. Аз ҷумла, солҳои 70-уми садаи XX Радиои Би-Би-Си ба забони русӣ барои СССР ҳафтае 33 соат барнома пахш мекард. Бояд гуфт, ки 28 октябри соли 2002 шабакаи осиёии Би-Би-Си ифтитоҳ шуд, ки барномаҳояш аз тариқи технологияи нави диҷитолӣ (рақамӣ) ба мавҷи FM шабонарӯзи пахш мешаванд . Ҳамзамон аз соли 2003 стансияи дигари радиоӣ бо номи Шабакаи 7-ум бо пахши мазҳакаю драмаҳои классику муосир ва барномаҳои кӯдакона ба кор шурӯъ кард. Қобили тазаккур аст, ки фаъолияти умурҳои минтақавии радиошунавонӣ аз кори дигар бахшҳои Радиои Би-Би-Си аз қабили шӯъбаи ахбор, шӯъбаи сӯҳбату барномаҳои рубрикавӣ, шӯъбаи сӯҳбатҳо оид ба рӯйдодҳои ҷорӣ ва шӯъбаи дарси забони англисӣ вобаста аст. Зеро аз ин ҷо ҳар умури радиошунавонӣ ба таври марказонидашуда барои пахш мавод мегирад. Маводи мазкур вобаста ба вижагии аудитория омодаву тарҷума карда мешавад. Дар сохтори Радиои Би-Би-Си ҳамчунин як идда шӯъбаву умурҳое ҳастанд, ки вазифаи техникӣ, таҳқиқотӣ ва маъмуриро иҷро мекунанд. Шӯъбаи истифодабарии таҷҳизот, шӯъбаи омӯзиши аудиторияи хориҷӣ, шӯъбаи маъмурӣ, шӯъбаи сабти радиоҳои хориҷӣ ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Би-Би-Си дорои маркази бузурги иттилоотӣ аст, ки дар он китобхона ва фонотека ҷойгир шудаанд. Хабарнигорон барои таҳияи барномаҳо аз онҳо истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки шӯъбаи ахбор аз бузургтарин умури радиошунавонии хориҷии Би-Би-Си ва умуман радиоҳои Ғарб маҳсуб мешавад. Чӣ тавре ки пештар гуфта будем, радиои мазкур ҳадафи тарғиботӣ дорад. Бинобар ин хабарҳо дар шӯъбаи мазкур аз нигоҳи тарғиботӣ барои пахш ҷудову омода карда мешаванд. Шӯъбаи номбурда ҳамаи барномаҳои хабариро, ки аз тариқи каналҳои Радиои Лондон пахш мешавад, омода мекунад. Ҳамчунин ин шӯъба ахбори охирини умури ҷаҳонӣ ва минтақавии Би-Би-Си-ро омода месозад. Шӯъбаи ахбор шабонарӯзӣ кор карда, беш аз 100 нафар кормандони он ҳамарӯза беш аз 250 барномаи хабарӣ тайёр мекунанд. Барномаҳои хабарӣ

29


вобаста ба кишвари пахш омода гардида, дар онҳо иттилои оҷонсиҳои хабарӣ (пеш аз ҳама «Рейтер»), мухбирони дохиливу хориҷии худи Би-БиСи, шӯъбаи сабти радиоҳои хориҷӣ ва ғайра истифода мешаванд. Ёвари мудири шӯъбаи ахбор П. Вилямс ҳанӯз 28 марти соли 1968 дар бораи кори шӯъба дар як барномаи русии Радиои Би-Би-Си гуфта буд, ки «ҳамаи ахбори расида аз нигоҳи як нафар корманд, ки мо чошнигир меномем, мегузарад. … Ҳар хабаре, ки ӯ мақбул донист ба муҳаррири навбатдор медиҳад». Дар ҳамин ҳол ба қавли журналисти англис Генри Фейерлӣ «Ҳукумат самтгирии ҷудо кардани ахборро муайян мекунад ». Шӯъбаи омӯзиши афкор низ аз умурҳои муҳими Би-Би-Си маҳсуб мешавад ва солҳои пеш буҷаи солонаи он аз 500 ҳазор фунт стерлинг зиёд буд. Шӯъбаи мазкур ҳанӯз соли 1936 таъсис ёфтааст. Дар шӯъба ҳудуди сад нафар кор мекунанд. Онҳо аудиторияи барномаҳои дохилӣ ва хориҷии Би-Би-Сиро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки омӯзиши аудитория барои донистани самаранокии тарғибот (кӣ?, дар куҷо?, чӣ хел мешунавад?), омӯзиши объекти тарғибот (аҳолии ин ё он кишвар), ба ҳисоб гирифтани вазъи тарғиботӣ ва муайян кардани характеристикаи иҷтимоиву сиёсии кишвари таҳқиқшаванда хизмат мекунад. Масалан, кормандони шӯъба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари пахши барнома ва афкори аудиторияро омӯхта, мувофиқ ба ин нишондиҳандаҳо таҳияву пахш кардани барномаҳоро маслиҳат медиҳанд. Ба қавли коршиноси америкоӣ оид ба тарғибот У. Девинсон пас аз муайян кардани сарчашмаҳои нерӯҳои таъсиррасони ҷомеа метавон ба фаъол намудани ин ё он гуна амали тарғиботӣ шурӯъ кард . Албатта, дар ин ҳолат сухан аз кашшофии сиёсӣ ва стратегӣ меравад. Бояд гуфт, ки шӯъбаи омӯзиши аудиторияи Би-Би-Си бо чунин шӯъбаҳои радиоҳои «Садои Америка», «Аврупои озод»/«Озодӣ», радиоҳои Олмону Фаронса ва Канада иртибот дошта, дар табодули иттилоъ ҳамкорӣ мекунад. Маълумоти мазкур дар қиёс пажӯҳиш мегардад. Дар ин бора дар ҳисоботи шӯъбаи омӯзиши аудиторияи Би-Би-Си чунин омадааст: «Натиҷаҳо дақиқкорона таҳлилу бо маводи ба ҳам монанди аз дигар сарчашмаҳо гирифташуда муқоиса мешаванд. Қисми зиёди чунин иттилоъро мо аз созмонҳои гуногуни ИМА мегирем. Мо аз онҳо соле садҳо ва баъзан ҳазорҳо мавод мегирем ».

30


Умури гӯшкуниву сабти радиоҳои хориҷии Би-Би-Си низ аз шӯъбаҳои муҳими корпоратсияи мазкур маҳсуб мешавад. Зеро вай на танҳо барои радиошунавонии бурунмарзии Би-Би-Си, балки ба дигар созмону идораҳои Британия манбаи муҳими итилоъ аст. Ин ба вижа дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон собит шудааст. Умури мазкур на танҳо барномаҳои радиои Олмони фашистиву шарикони вайро, балки ҳамаи гуфтугӯҳои ҳайати фармондиҳии Артиши Вермахтро, ки тавассути мавҷи радиоӣ пахш мешуд, шунида сабт мекарданд. Ҳамчунин шӯъба матнҳои ба таври пӯшида (бо шифр) пахшшударо сабт карда, онро мекушоданд. Маълумоти мазкур ба Идораи кашшофии Британия ва аз он ҷо ба ситодҳои низомии артиши иттифоқчиён — ИМА ва СССР мерасид. Кашшофон ба маълумотҳои мазкур дар пешгирии амалиёти душман баҳои баланд додаанд. Умури мазкур дар 50-километрии ҷануби Лондон, дар назди шаҳри Рединг, дар Ковершем-парк ҷойгир аст. Кормандони вай шабонарӯзӣ фаъолият карда, қариб ҳамаи барномаҳои ахбори радиоҳои ҷаҳонро сабт мекунад. Ба қавли рӯзномаи «Санди таймс», ки ҳафтаномаи «Неделя» (1968, № 52) иқтибос меорад, маркази сабти радиоҳои хориҷӣ «ба ҳайси сарчашмаи сареъи иттилои дохилии кишварҳои хориҷӣ хизмат мекунад». Бояд гуфт, ки умури мазкурро расман умури мониторинг меноманд. Дар ин умур солҳои 1995-2001-ум зодаи Тоҷикистон Сафар Табаров ба ҳайси тарҷумон кор мекард. Аз ин қабл ӯ тарҷумони аввалин сафири ИМА дар Тоҷикистон Стендли Эскудеро ва аз он пештар тарҷумони ширкати «Интурист»-и шаҳри Душанбе буд. Сафар ибтидои солҳои 90-уми садаи XX бо рӯзномаи «Паёми Душанбе», ки муаллифи ин сатрҳо он ҷо кор мекард, ҳамкорӣ менамуд. Ӯ ҳаҷвияву латифаҳои англисиро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекард ва онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаи макур ба табъ мерасиданд. Сафар ба қавли нафаре аз кормандони дафтари душанбегии Би-Би-Си ҳоло дар Лондон сукунат дорад ва дар яке аз идораҳои ширкати «Боинг» кор мекунад. Ногуфта намонад, ки писари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода — Азиз пас аз фирор карданаш аз СССР то ба нафақа расидан дар Би-Би-Си кор мекард. Қобили тазаккур аст, ки умури мониторинг дар гӯшаву канори олам филиалҳои худро дорад. Дар наздикии маҳалли пахши барномаҳои радио

31


воқеъ будани филиалҳои умури мониторинг ба шунавоии хуби барномаҳо имкон медиҳад. Масалан, дар вақташ барои гӯш кардани радиоҳои кишварҳои қитъаи Африка дар шаҳри Найробии Кения чунин филиал амал мекард. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон низ пас аз соҳибистиқлол шудани ин кишвар чанд муддат филиали умури мониторинги Би-Би-Си фаъол буд, ки масъулияти гӯш кардану сабти радиоҳои минтақаи Осиёи Марказиро бар ӯҳда дошт. Солҳои аввали 70-уми садаи XX умури сабти радиоҳои хориҷии Би-Би-Си ҳамаруза дар Ковершем-парк ҳудуди 400 барномаҳоро аз 34 кишвари олам ба 27 забон гӯш карда, сабт менамуд . Албатта, он вақт фарогирии тамоми олам мушкилӣ дошт. Аз ин рӯ, умури мониторинги Би-Би-Си бо ҳамтоҳои худ аз радиоҳои ИМА ва Радиои «Мавҷи Олмон» ҳамкорӣ мекард. Ҳоло албатта, ҳаҷми кор ва фарогирии сабти радио ва барномаҳои телевизионӣ дар умури мониторинги Би-Би-Си афзудааст. Дар солҳои гуногун дар умури мониторинг теъдоди кормандон гуногун буд. Масалан, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Ковершем-парк ҳудуди 2 ҳазор нафар кор мекарданд. Солҳои 70-уми садаи гузашта бошад, шумораи кормандони умури мониторинг қариб ба 600 нафар мерасид. Ходимони ин умур мутахассисони касбӣ буда, забони хориҷиро хуб баладанд ва дар яке аз соҳаҳои иқтисодиёт ё сиёсати кишваре, ки барномаҳояш сабт мешаванд, тахассус доранд. Дар умури мониторинг Би-Би-Си кормандон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал шабонарӯзӣ барномаҳои радио ва телевизиони хориҷиро гӯш карда, ҷойҳои муҳимашро сабт мекунанд. Кормандони гурӯҳи дуюм сабтҳои мазкурро мегиранд ва дақиқкорона ҷудо карда, таҳрир менамоянд. Маводи мазкур баъдан барои истифода ба каналҳои алоқа ва чопи бюллетенҳои ҳарӯза ва ҳарҳафтаинаи умури мониторинг дода мешавад. Ба ғайр аз шӯъбаҳои ахбори Би-Би-Си ин иттилои муҳимро идораҳои гуногуни ҳукуматӣ, аз қабили вазорати умури хориҷӣ, идораҳои хуфияи Британия, ҳар ду палатаи парламент ва ташкилотҳои ба ин манфиатдор мегиранд. Умуман иттилои мазкур «ба шумораи маҳдуди обуначиён дастрас аст» . Дар назари аввал шӯъбаи барномаҳои таълими забони англисӣ дар Корпоратсияи Би-Би-Си дуюмдараҷа менамояд. Вале дар асл чунин нест.

32


Дарсҳои забони англисӣ дар ҳаҷми умумии барномаҳои радиоии Би-БиСи ҳудуди 10 дар садро ташкил медиҳад. Шӯъбаи мазкур ҳанӯз дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – соли 1943 таъсис ёфтааст. Он вақт барои шунавандаҳои аврупоӣ дарси забони англисӣ пахш карда мешуд. Дарсҳои забони англисӣ ба 26 забонҳои дигар тавзеҳ дода шуда, солҳои 70уми асри XX шӯъбаи мазкури Би-Би-Си ҳафтае беш аз 200 соат барнома омода мекард. Одатан дарси забони англисӣ, ки умури ҷаҳонии Би-Би-Си ва умури минтақавии он пахш мекунанд, бо беш аз 10 барномаҳои дигари омӯзишии забон барои шунавандаҳои Аврупою Осиё пурра мегардад. Фаъолияти ин шӯъба сол аз сол густариш ёфта дар баробари пахши дарси забони англисӣ ба истеҳсоли пластинкаву кассетаҳо ва баъдан DVD, CVD шурӯъ кардааст. Шӯъба маҷаллаи «Забони англисӣ бо радио ва телевизион»-ро интишор мекунад. Ҳамчунин аз соли 1963 ин ҷониб барномаҳои вижаи телевизионии Би-БиСи барои бинандагони хориҷӣ пахш карда мешаванд. Корпоратсияи Би-Би-Си дар пахши барномаҳо ба хориҷа дар Британия инҳисоротро нигоҳ медорад, вале дар дохили кишвар мавқеи мазкурро аз даст додааст. Ёдовар мешавем, ки Би-Би-Си ҳанӯз соли 1922 барои радиошунавонӣ ва соли 1936 барои пахши барномаҳои телевизион дар дохили Британия иҷозаи инҳисорӣ гирифта буд. Сараввал телевизиони Би-Би-Си дар дохили кишвар мавқеи инҳисориашро гум кард. Зеро тибқи қоида ва оиннома Би-Би-Си ҳақ надорад, ки рекламаи тиҷоратӣ пахш бикунад. Барои сармоядорон бошад, телевизион ва радиое зарур буд, ки моли онҳоро реклама бикунад. Аз ин рӯ, бо ташаббуси сармоядорон соли 1954 Парламенти Британия дар бораи таъсиси телевизиони тиҷоратӣ қонунро ба тасвиб расонд. Иҷрои қонуни мазкур ба ӯҳдаи Идораи телевизионҳои мустақил (Ай-Ти-Эй), ки ба тозагӣ таъсис ёфта буд, гузошта шуд. Идораи номбурда шабакаи стансияҳои телевизионӣ дошт, ки онҳоро барои истифодаи тиҷоратӣ ба ширкатҳо иҷора дод. Ширкатҳои «Эй-Ти-Ви», «Гранада», «Эй-Би-Си» ва ғайра аз ин ҷумла буданд. Аз ҳамон вақт рақобати шадид барои тамошобинон дар дохили кишвар байни БиБи-Си ва Ай-Ти-Эй шурӯъ шудааст. Дар ин рақобат аксаран телевизионҳои тиҷоратӣ дастболо мешуданд. Бинобар ин барои аз даст надодани бинандаҳо Би-Би-Си соли 1964 канали дуюми худро бо номи БиБи-Си-II ифтитоҳ намуд. Соли 1967 бошад, пахши доимии барномаҳои

33


рангаи телевизиони Би-Би-Си шурӯъ шуд. Бояд зикр кард, ки ба эфир додани барномаҳои таҷрибавии ранга ҳанӯз соли 1955 шурӯъ шуда буд. Дар соҳаи радиошунавонии дохилӣ Би-Би-Си инҳисоротро то аввали солҳои 70-уми садаи XX нигоҳ дошт, агарчӣ маъракаҳои таъсиси радиоҳои тиҷоратӣ ҳанӯз солҳои 50-ум шурӯъ шуда буданд. Ҳукумат ба таъсиси чунин радиоҳо иҷозат намедод. Вале дар ҳамин ҳол шумораи радиоҳои пинҳонӣ, ки аз киштиҳои махсус ҷиҳозонидашуда, ҳавопаймоҳо ва иншооти баҳрӣ барномаҳои мусиқӣ ва реклама пахш мекарданд, меафзуд. Радиоҳои «Рейдио Сити», «Рейдио Каролина» ва ғайра аз машҳуртарин радиоҳои пинҳонӣ маҳсуб мешуданд. Соли 1966 парламент қонуне қабул кард, ки тибқи он фаъолияти чунин радиоҳо манъ гардида, дар онҳо кор кардани шаҳрвандони Британия мамнӯъ буд. Рақобат бо радиоҳои пинҳонӣ низ Би-Би-Си-ро водор кард, ки радиошунавонии дохилиашро тағйир бидиҳад. Соли 1967 ба иловаи се барномаи мавҷуда Би-Би-Си барномаи чорумашро ташкил кард, ки он номи «Рейдио-I»-ро гирифт. Барномаи радиои мазкур аз ахбору мусиқӣ иборат буда, ба барномаҳои радиоҳои пинҳонӣ шабоҳат дошт. Албатта, дар он реклама садо намедод. Ин иқдоми Би-Би-Си ва манъи радиоҳои пинҳонӣ натиҷаи дилхоҳ надод. Дар Англия шумораи радиоҳои пинҳонии тиҷоратӣ меафзуд. Ҳамчунин дар кишвар маъракаҳо барои таъсиси радиоҳои минтақавии тиҷоратӣ оғоз шуданд. Иштирокдорони онҳо изҳор медоштанд, ки барномаҳои минтақавии Би-Би-Си талаботи рӯзафзуни шунавандаҳоро қонеъ карда наметавонанд. Корпоратсияи Би-Би-Си ин даъворо ба назар гирифта, ба зудӣ ба таъсиси радиоҳои маҳаллӣ шурӯъ кард. Аллакай соли 1971 вай 20 радиои маҳаллӣ таъсис дод. Вале ин ҳама ба радиоҳои пинҳонӣ рақобат карда наметавонистанд. Баҳори соли 1971 ҳукумат эълон кард, ки дар мамлакат радиоҳои тиҷоратие таъсис дода мешаванд, ки аз ҳисоби даромад аз реклама фаъолият мекунанд. Соли 1972 дар заминаи Идораи телевизионҳои мустақил (Ай-Ти-Эй) Идораи пахши мустақил (Ай-Би-Эй) таъсис дода шуд. Идораи мазкур ба масоили телевизион ва радиоҳои маҳаллии тиҷоратӣ машғул мешуд. Ҳамин тавр ду радиостансияи аввалини тиҷоратӣ соли 1973 дар шаҳри Лондон таъсис дода шуд. Яке аз онҳо —

34


«Лондон бродкастинг компанӣ» ахбору реклама пахш мекард. Дар «Кэпитал рэйдио» бошад, радиоспектаклу мусиқӣ ва реклама садо медоданд. Ҳамчунин дар муддати на чандон тӯлонӣ дар шаҳрҳои дигар радиоҳои «Бирмингем бродкастинг», «Пиккадели рэйдио» (Манчестр), «Рэйдио клайд»(Глазго) ва ғайра таъсис ёфтанд. Фаъолияти Би-Би-Си аслан аз маблағгузории ҳукумат ва фурӯши барномаҳои радио ва телевизион сурат мегирад. Масалан, тибқи ҳисобот моҳи марти соли 1975 даромади Би-би-Си беш аз 150 миллион фунт стерлингро ташкил дод . Соли 1976 бошад, вай 9 ҳазор соат барномаҳои телевизиониро ба 80 мамлакати ҷаҳон фурӯхт. Ба қавли Сӯҳроби Зиё, мудири дафтари душанбегии Би-Би-Си ҳамасола «то соли 2002 Сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си беш аз 100 миллион фунт барои сармоягузориҳо суд меовард» . Ҳамчунин Би-Би-Си аз чопи матбуоти даврӣ, китобҳо ва ғайра даромад ба даст меорад. Масалан, соли 1976 аз фурӯши «Рейдио таймс» ва «Лиснер» беш аз яку ним миллион доллар даромад кардааст. Вале, дар ҳамин ҳол бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, таворуни пул ва ғайра хароҷоти Би-Би-Си нисбат ба даромадаш зиёд шуд. Аз ин рӯ, вай ҳамон солҳо маҷбур шуд, ки барои коҳиш додани хароҷот ҳаҷми радиошунавониро кам кунад. Чӣ тавре дар боло зикр кардем, Корпоратсияи Би-Би-Си нашрияҳои худро низ дорад, ки ба забонҳои гуногун ба табъ мерасанд. Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Рейдио таймс» аз соли 1923 чоп шуда, тиражаш ба 3,5 миллион нусха мерасад. Дар нашрияи мазкур, пеш аз ҳама, барномаҳои дохилии радио ва телевизиони Би-Би-Си инъикос меёбанд. Ҳафтаномаи дигари Би-Би-Си – «Лиснер» қариб 80 сол боз ба табъ мерасад, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти корпоратсия баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин Би-Би-Си барои дар хориҷа паҳн кардан маҷаллаҳо чоп мекунад. Маҷаллаҳои «Лондон коллинг» ва «Лондон коллинг- юропиен эдишн» аз ин ҷумлаанд. Ҳамзамон баъзе умурҳои Би-Би-Си барои муштариёни хориҷии худ маҷаллаҳо чоп мекунад. Аз ҷумла, шӯъбаи арабӣ маҷаллаи «Ҳуна Лондон» (Ин ҷо Лондон)-ро ба табъ мерасонад. Ба ғайри ин Би-БиСи адабиёти гуногуни таълимиву маърифатиро чоп мекунад. Чӣ тавре қайд кардем, дар Би-Би-Си истифодаи рекламаи тиҷоратӣ манъ аст. Вале дар ҳамин ҳол баъзе кормандони Би-Би-Си ин қоидаро вайрон кардаанд. Соли 1973 дар ин бобат ҷанҷоли сахте ба вуқӯъ пайваст. Маълум

35


шуд, ки як қатор ширкатҳои фурӯши грампластинкаҳо ва баъзе овозхонон ба баранда ва продюсерҳои барномаҳои дохилии радио ва телевизиони Би-Би-Си пул медодаанд, то ки сурудҳои онҳоро истифода бикунанд. Дар натиҷаи чунин реклама теъдоди фурӯши пластинкаҳо афзуда, даромади ширкатҳо зиёд мешуд. Ҳамчунин овозхононе, ки сурудҳояшон бештар дар Би-Би-Си садо медоданд, машҳур мегаштанд. Қобили ёдоварист, ки Би-Би-Си оркестрҳои беҳтарин дорад. Истифодаи консертҳои онҳо барномаҳоро ҷолибу сершунаванда мекунад. Ҳамчунин аз тариқи Би-Би-Си барномаҳои гуногуни маърифативу таълимӣ, динӣ ва шавқовар пахш мешаванд. Барномаҳои омӯзиши забонҳо, қироати «Таврот» ва «Инҷил» аз ин ҷумлаанд. Барномаҳои дилхушкунанда аз солҳои аввалини таъсиси радио садо медиҳанд, зеро нахустин раиси Корпоратсияи Би-Би-Си Ҷон Райт гуфта буд, ки аудиторияро тавассути барномаҳои фароғативу шавқовар метавон ҷалб намуд . Ширкати Би-Би-Си як коргоҳи бузургест. Масалан, соли 1976 дар корпоратсияи Би-Би-Си қариб 26 ҳазор нафар кор мекарданд. Аз ҷумла, дар радиошунавонии дохилӣ ва телевизион беш аз 22 ҳазор нафар фаъолият доштанд . Солҳои баъдӣ шумораи кормандони Би-Би-Си боз ҳам афзуда ба 28 ҳазор нафар расид. Танҳо дар Умури ҷаҳонии Би-Би-Си 1200 нафар журналистон кор мекунанд. Феълан аз рӯи нақшаи роҳбарияти ширкат то ба 20 фоиз кам кардани шумораи кормандони Би-Би-Си дар назар аст. Ин ҳудуди 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале як қисми кормандон ба маркази нави Би-Би-Си ба шаҳри Манчестер мекӯчанд. Ба қавли мухбири бахши русии Радиои «Озодӣ» Наталя Голицына, ки вақти корпартоӣ гузориш дода буд, маъмурияти Би-Би-Си 3780 нафар кормандонашро ихтисор карданист . Ин нияти маъмурият боиси норозигии кормандон гардид ва онҳо 23 майи соли 2005 даст ба коршиканӣ заданд. Корпартоии 24-соатаи хабарнигорон ва кормандони техникии Би-Би-Си ба ҷараёни пахши барномаҳои радио ва телевизиони ширкат халали калон расонд. Қаблан 4 ташкилоти иттифоқи касабаи ширкати мазкур дар бораи гузаронидани корпартоӣ қарор қабул карда буданд. Корпартоӣ ба нишони эътироз ба муқобили кам кардани шумораи коргарони ширкат гузаронида шуд. Дар корпартоӣ зиёда аз 11 ҳазор кас иштирок намуданд, ки ин қариб нисфи тамоми коргарони ширкат мебошанд .

36


Чӣ тавре қаблан зикр кардем, бахши форсии Би-Би-Си 28 декабри соли 1940 таъсис ёфтааст. Ин шӯъба барои он форсӣ ном гирифтааст, ки барномаҳояш ба мардуми Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон равона шудааст. Ба гуфти собиқ хабарнигори лондонии Би-Би-Си Шафқати Раҷабиён «…ВВС метавон гуфт, танҳо имтиёзаш ҳамин буд ва ҳаст, ки ин бахшҳоро бо номи маснуие, ки барои ин забонҳо сохтанд-тоҷикӣ, дарӣ ҷудо накунанд ». Ҳоло шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си ҳафтае беш аз 90 соат барнома пахш мекунад. Ахбори ҷаҳон ва тафсири рӯйдодҳои дунё аз муҳимтарин барномаҳои радиои номбурда маҳсуб мегардад. Ҳамзамон мавзӯҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар барномаҳои Би-Би-Си баррасӣ мешаванд. Барномаҳои форсии Би-Би-Си на танҳо дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбакистон, Покистону Ҳиндустон, балки дар Русияву кишварҳои дигари аврупоӣ шунаванда доранд. Шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си ба бахши Афғонистон ва Эрону Тоҷикистон ҷудо мешавад. Дар бахши Афғонистон ба забонҳои дарӣ ва пашту барномаҳо таҳия карда мешаванд. Дар бахши Эрону Тоҷикистон бошад, барномаҳо ба забони форсӣ омода мегарданд. Аз соли 2004 ба ин ҷониб роҳбарии шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си-ро Андрес Илвенси эстонӣ ба ӯҳда дорад. Ӯ қаблан дар радиоҳои «Аврупои озод»/«Озодӣ» ва «Садои Америка» кор карда, ба забони форсӣ балад аст. То ба ин вақт Боқири Муин, зодаи шаҳри Нишопури Эрон ба ин шӯъба мудирӣ мекард. Вай то ба Радиои Би-Би-Си омаданаш дар рӯзномаҳо ва нашриёт ба ҳайси муҳаррир кор карда буд. Боқири Муин ҳамон вақт аз 56 соли умраш 28 солашро ба Радиои Би-Би-Си бахшида, ҳоло аз кори радиои мазкур барканор шудааст . Дар ибтидои соли 2006 дар шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си дар Буш — ҳавс (Лондон) ҳудуди 60 нафар кор мекарданд. Аз ҷумла, бахши Афғонистон аз 20 нафар, бахши Эрон аз 25 нафар ва бахши Тоҷикистон аз 2 нафар иборат буд. Умуман шумораи кормандони шӯъба бо хабарнигорони маҳаллиаш авали соли 2006 ба 150 нафар мерасид. Дар ин бора собиқ корманди шӯъба Шафқати Раҷабиён чунин гуфта буд: «Эҳсоси масъулият хеле бузург аст, дар ҳоле ки теъдоди мо хеле кам аст, мо фақат ду тан ҳастем ба унвони таҳиякунандаи «Маҷаллаи Осиёи Миёна» дар Лондон. Ва чанд нафари дигар дар Душанбе ва манотиқи мухталифи

37


Тоҷикистон ва ҷаҳон ». Ба қавли собиқ мудири шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си Боқири Муин аввалин хабарнигоре, ки бо онҳо ҳамкорӣ карда, аз Тоҷикистон гузориш додааст, журналисти шодравон Муҳиддини Олимпур мебошад. Ҳамкории М. Олимпур бо Би-Би-Си охири соли 1989 шурӯъ шудааст. Ӯ он вақт мухбир ва аксбардори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буд . Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо ибтикори М. Олимпур дар Душанбе бюрои Радиои Би-Би-Си кушода шуд. Дар бюрои мазкур, ки роҳбариашро М. Олимпур ба ӯҳда дошт, ҳамчунин Мардони Муҳаммад (бахши ӯзбекӣ) кор мекард. Соли 1995 ба бюрои душанбегии Би-Би-Си Нурмуҳаммад Холзода, ки хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон буд, ба кор омад. 12 декабри соли 1995 М. Олимпур дар Душанбе аз ҷониби силоҳбадастони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон кушта шуд. (Нерӯи сухан, 2004, 23 декабр). Соли 1996 Сӯҳроби Зиё (хабарнигори IRNA) ва Зарринаи Хушбахт (ҳунарпешаи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони Душанбе — «Аҳорун»), сипас дар солҳои гуногун Шафақати Раҷабиён, Хуршед Андамов ва дигарон ба бюрои душанбегии Радиои Би-Би-Си ба кор омаданд. Ҳоло дар бюрои душанбегии Радиои Би-Би-Си Сӯҳроби Зиё (мудири дафтар), Мардони Муҳаммад (хабарнигори шӯъбаи ӯзбекӣ) Зарринаи Хушбахт (хабарнигор), Хуршед Андамов (хабарнигор дар вилояти Хатлон) Парвонаи Фирӯз (хабарнигор дар вилояти Суғд), Раҳими Раҳимиён (хабарнигор, масъули бахши интернетии дафтар) Искандари Фирӯз (хабарнигор), Шамсияи Қосим (хабарнигор), Зеваршоҳи Муҳаммад (масъули барномаи тафреҳӣ) ва Анора Саркорова (хабарнигори шӯъбаи русӣ) фаъолият доранд. Ҳамчунин то моҳи марти соли 2006 Қурбон Аламшоев хабарнигори Би-Би-Си дар ВМКБ буд. Пас аз баста шудани дафтари Би-Би-Си моҳи октябри соли 2005 дар Тошканд яке аз хабарнигорони он- Матлуба Шоалиева ба Душанбе омад ва чанд муддат аз ин ҷо дар бюрои душанбегӣ гузориш таҳия мекард. Дафтари Би-Би-Си дар Тоҷикистон аз муҳимтарин ҷузъҳои радиои номбурда маҳсуб мешавад. Дар таърихи Радиои Би-Би-Си бори аввал дар бахши форсӣ, дар Лондон Нурмуҳаммад Холзода 2 сол кор кардааст. Ҳоло ӯ чанд сол боз мухбири Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» дар шаҳри Прага мебошад. Дар

38


бахши форсии Радиои Би-Би-Си, дар Лондон аз охири соли 2000-ум то 10 январи соли 2006-ум Шафқати Раҷабиён фаъолият дошт. Ӯ моҳи марти ҳамон сол бо даъвати мудири бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» Маъсумаи Турфа ба кори ин радио гузашт ва ҳоло дар дафтари марказӣ хабарнигор аст. Сабаби аз Би-Би-Си рафтани Ш. Раҷабиёнро як нафар аз ҳамкоронаш пеши мудирият ба манфиати тоҷикон зиёд ҳақталошӣ карданашро медонад. Аз моҳи августи соли 2003 Оймаҳмад Саймуддинов (Эҳсони Зарвон) низ дар офиси марказии Би-Би-Си кор мекунад. Бахши форсии Би-Би-Си барои шунавандаҳо барномаҳои «Маҷаллаи Осиёи Миёна», «Ҷоми ҷаҳоннамо», «Чашмандоз», «Барномаи тафреҳии тоҷикӣ» ва «Барномаи нимарӯзӣ»-ро пахш мекунад. Ба қавли собиқ мудири шӯъбаи Радиои Би-Би-Си Боқири Муин кормандони радио бо эҷоди барномаҳои вижа барои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мекӯшанд, ки ба ниёзи мардуми ин кишварҳо посух бигӯянд. «Онҳо саъй мекунанд, масоили Осиёи Миёна ва кишварҳое, ки он ҷо тоҷикон зиндагӣ мекунанд, барои тоҷикон пахш бикунанд. Масоили ҷаҳону масоили минтақаро барои ҳама пахш намоянд ». Аз аввали моҳи ноябри соли 2003 барномаи «Маҷаллаи Осиёи Миёна» 15 дақиқа зиёд шуда ба 30 дақиқа расид. Дар ин 15 дақиқаи иловашуда бештар мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, эронӣ ва сурудҳо пахш мешаванд. Ҳамчунин дар ин барнома рӯзҳои ҷумъа барномаи «Бозтоб: нигоҳе ба таҳаввулоти Тоҷикистон» садо медиҳад. Аз аввали соли 2006 бошад, вақти «Маҷаллаи Осиёи Миёна» боз 15 дақиқа афзуда он ба 45 дақиқа расид. Дар давраи ҷанги ҳамватании Тоҷикистон Радиои Би-Би-Си дар қатори Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» ва «Садои Хуросон» барои шунавандаҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои нисбатан озоди иттилоъ маҳсуб мешуд. Агар лаҳни ду радиои охирӣ нисбати рӯйдодҳои Тоҷикистон тунд бошад, дар барномаҳои Радиои Би-Би-Си ин чандон эҳсос намешуд ва хабарнигорони вай бо лаҳни мулоим гузоришҳои нисбатан объективӣ пахш мекарданд. Дар ин бора Боқири Муин, ки он солҳо мудири шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си буд, мегӯяд: «Ҳангоми даргириҳои Тоҷикистон мо ҳамеша саъйамон баёни авзо буд. Мо дар ин ҷо хабарнигор доштем. Дар Тошканд ва Афғонистону Эрон ҳам. Бо ҳамаи тарафҳо дар тамос будем, назароти ҷонибҳоро мунъакис мекардем. Аз

39


роҳбарони давлати Тоҷикистон, роҳбарони мухолифин назар мегирифтем, назари коршиносони дохиливу хориҷиро истифода мекардем. Агар мардум дар Тоҷикистон ҳам фикр кунанд, ки мо муваффақ шудем, бояд хушҳол бишавем, ҳатман иштибоҳоте зиёде ҳам дар корамон доштем. Вале саъй кардем, ки бартараф бишавад ». Дар ҳамин ҳол дар Радиои Би-Би-Си бахши форсӣ мавқеи муҳим дошта бошад ҳам, дар таҳияи барномаҳо ба шеваи тоҷикӣ кам аҳамият дода мешавад. Дар офиси марказии Би-Би-Си тоҷикон ангуштшуморанд ва вобаста ба Тоҷикистон низ нисбат ба Эрону Афғонистон камтар мавод пахш карда мешавад. Ин албатта, аз сиёсати геополитикии Британия вобаста мебошад. То соли 1996 барномаҳои Радиои Би-Би-Си-ро дар Тоҷикистон танҳо бо мавҷи кӯтоҳ шунидан мумкин буд. Моҳи сентябри соли 1996 Ҳукумати Тоҷикистон барои пахши барномаҳои форсии Радиои Би-Би-Си аз рӯи мавҷи миёнаи 1251 иҷоза дод, ки ин шунавоии барномаҳоро беҳтару осон кард . Ин иқдом имкон дод, ки шунавандагон дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ба осонӣ бо радиоприёмникҳои оддӣ низ барномаҳои форсии Би-Би-Си-ро гӯш бикунанд. Тибқи як қарордод байни Ширкати «Телерадиоком» ва Ширкати Би-БиСи, ки моҳи декабри соли 2003 дар Лондон ба имзо расида буд, радиои мазкур моҳи июни соли 2004 ба пахши барномаҳояш ба мавҷи FM шурӯъ кард. Аз рӯи шартномаи мазкур Ширкати Би-Би-Си ба Вазорати алоқаи Тоҷикистон 4 мавҷпахшкунак ба арзиши 120 ҳазор доллар тӯҳфа кард ва ҳар моҳ барои пахши барномаҳо 5 ҳазор доллари ИМА хизматона мепардохт. Ҳамин тавр пахши барномаҳои Би-Би Си дар Душанбе аз моҳи июни соли 2004 ба мавҷи 106,5 FM ва аз моҳи октябри ҳамон сол дар Хуҷанд бо мавҷи 106,10 шурӯъ шуданд. 10 январи соли 2006 дар Тоҷикистон пахши барномаҳои шабонарӯзии Радиои Би-Би-Си дар мавҷи FM, ки ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирифт, қатъ карда шуд. 1 сентябри соли 2005 Ҳукумати Тоҷикистон Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ба тасвиб расонид. Ба гуфти муовини аввали онвақтаи вазири алоқаи ҷумҳурӣ Шералӣ Наҷмиддинов тибқи ин низомнома Би-Би-Си барои пахши барномаҳояш бояд аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иҷозатнома бигирад. «Баъд аз он ки

40


низомномаи нав тасдиқ шуд, бо дархости Кумитаи радио ва телевизион мо пахши барномаҳои BBC-ро аз рӯи мавҷи FM қатъ кардем» . Ба қавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Тоҷикистон Сӯҳроби Зиё аз рӯи низомномаи нав бояд умури Би-Би-Си дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, сипас барои фаъолият аз Кумитаи телевизион ва радиои кишвар иҷозатнома бигирад. 10 декабри соли 2005 муовини сарвазири Тоҷикистон Хайриниссо Мавлонова ба Кумитаи телевизион ва радио ва Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ мактуб фиристода, талаб кард, ки дар мӯҳлати як моҳ барои пахши барномаҳо иҷозатнома гирифта шавад. Вагарна пахши барномаҳо дар мавҷи FM қатъ карда хоҳанд шуд. «Мӯҳлате, ки барои ин кор ҳукумат пешниҳод кард, барои амалӣ намудани сабт хеле кӯтоҳ буд ва мо натавонистем иҷозатнома бигирем», гуфт С. Зиё аввали моҳи январи соли 2006 . Бояд гуфт, ки ҳанӯз 22 декабри соли 2005 директори генералии Умури ҷаҳонии Ширкати Би-Би-Си Найҷел Чэпмен бо мактуби расмӣ ба вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намуда буд, ки мӯҳлати барои иҷозатномадиҳиро тамдид бикунанд. Пас аз як ҳафтаи қатъи пахши барномаҳо дафтари душанбегии Би-Би-Си тавассути матбуот баёния паҳн намуд. Дар он гуфта мешавад, ки Би-Би-Си раванди бақайдгириро шурӯъ кардааст, вале 20 рӯзи ҷудошуда барои ин амал кофӣ нест ва одатан барои ин кор то 6 моҳ зарур аст. Аз ин рӯ, дар баёния аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш шудааст, ки ба зуддӣ пахши барномаҳо дубора аз сар гирифта шавад . Воқеан, роҳбари департаменти Аврупо ва кишварҳои собиқи шӯравии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» Аннабела Акӣ дар робита ба ин масъала дар як сӯҳбаташ ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» чунин гуфтааст: «…барои онҳо мушкил аст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро дар фурсати кӯтоҳе ҷамъ оваранд ва аз ҳамин аст, ки пахши барномаҳои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM муттавақиф шуд» . Ба гуфти муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманнонов ба Радиои Би-Би-Си мӯҳлат дода шуда буд, ки дар давоми он бояд сабти ном мешуданд. Воқеан, мо дар бораи гирифтани иҷозатнома бо мактуби расмӣ ба Радиои Би-Би-Си муроҷиат накардаем, зеро худи онҳо ғайриқонунӣ фаъолият

41


карданашонро медонистанд, мегӯяд ӯ. Ба қавли А. Абдураҳмонов «масъалаи иҷозатномадиҳӣ ба Радиои Би-Би-Си бояд дар сатҳи байниҳукуматӣ ҳал шавад» . Баъдан ин гуфтаҳоро раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ тасдиқ карда гуфт, ки барномаҳои Радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM ғайриқонунӣ пахш мешуд ва аз ин рӯ, барои муваққатан боздоштанаш тасмим гирифта шуд. Ба қавли А. Раҳмонов «…масъулони Радиои «Би-Би-Си ҳанӯз шаш моҳ пеш огоҳ буданд, ки бояд аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иҷозаи пахш гиранд» . Воқеан ҳам, тибқи банди 3-юми боби 52-юми Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мақоми иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Аз рӯи талаботи банди 12-уми ҳамин боб пахш намудан(пахш ва пахши интиқоли)-и барномаҳои ташкилотҳои радиотелевизиони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи мақоми иҷозатномадиҳанда ва дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизиону радио ва мутобиқи қарордоди байни ташкилотҳои радиотелевизионии ватанӣ ва хориҷӣ сурат мегирад . Пас аз қатъ кардани пахши барномаҳо рӯи мавҷи FM намояндагии душанбегии Радиои Би-Би-Си ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои сабт ба вазорату идораҳои дахлдор супорид. Вале ба қавли Сӯҳроби Зиё, мудири дафтар пас аз гузаштани 6 моҳ, 26 июни соли 2006 Вазорати адлияи Тоҷикистон Намояндагии Би-Би-Си-ро сабти ном кард . Ҳол он ки тибқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма» сабти номи ВАО тӯли як моҳи муроҷиат ба мақомоти нотариалии маҳаллӣ сурат мегирад . Дар мавҷи FM қатъ кардани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си боиси ҳангомаи калон гардид. Аз ҷумла, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Грэм Лотен аз қатъ гардидани пахши барномаҳои Радиои БиБи-Си рӯи мавҷи FM изҳори нигаронӣ карда, ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ёддошт фиристод . Намояндаи ваколатдории ИМА дар штаб-квартираи Созмони амнияту

42


ҳамкорӣ дар Аврупо Кайл Скотт низ аз ин амал изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «ИМА умед бар он мебандад, ки қатъ кардани радиошунавонии БиБи-Си дар Тоҷикистон характери муваққатӣ дорад» . 13 феврали соли 2006 сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Адриан Хендрик Ван Дер Меер ҳини мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар қатори дигар масъалаҳо қатъ гардидани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си-ро рӯи мавҷи FM баррасӣ намуд. Ба қавли сафир «президенти Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар ҳалли қазия мусоидат мекунад» . Муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат» Адолат Умарова низ бо чопи як мақолае аз қатъ гардидани пахши барномаҳои Би-Би-Си дар мавҷи FM таассуф мехӯрад: «Ба ҳар сурат ҳайф аст, ҳайф ки дар шароити густариши бесобиқаи расонаҳои ғайритоҷики садои BBC хомӯш мешавад. Ҳадди ақал барои он ки бо забони форсӣ буд, тоҷикӣ буд» . 12 январи соли 2006 вобаста ба қатъ гардидани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM дар Радиои «Озодӣ» гузорише садо дод. Дар он ба қавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Душанбе Сӯҳроби Зиё сафири Британия дар Тоҷикистон Грэм Лотен дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ аз ин иқдом изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки барои бақайдгирии намояндагии Би-Би-Си дар Вазорати адлияи кишвар аз 3 то 6 моҳ зарур аст. Ӯ таъкид кардааст, ки пахши барномҳои Би-Би-Си бояд тӯли 3 рӯз аз нав шурӯъ гарданд, вагарна мо инро иқдоми сиёсӣ медонем. Дар ҳамин ҳол ба гуфти муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманнонов қатъ кардани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си дар мавҷи FM ягон ҳадафи сиёсӣ надорад. Ҳамон шом Радиои «Садои Хуросон» низ дар ин мавзӯъ гузорише пахш кард. Дар гузориш аз қавли Сӯҳроби Зиё дар бораи нигаронии Сафири Британия дар Тоҷикистон нақл гардид ва таъкид шуд, ки агар тӯли 3 рӯз пахши барномаҳои Би-Би-Си шурӯъ нашаванд, ин амали сиёсӣ дониста мешавад . Ҳамин тавр расонаҳои хориҷӣ қатъи қонунии пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си-ро дар мавҷи FM ҳангома мекарданд. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 18 январи соли 2006 дар робита ба ин мавзӯъ гуфтанд, ки намояндагии Би-Би-

43


Си барои дубора аз сар гирифтани барномаҳояш рӯи мавҷи FM бояд аввал дар вазорати номбурда сабти ном шавад ва баъдан барои гирифтани мавҷ муроҷиат намояд. Ҷумъа Давлат, мудири шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур дар ҳамин нишасти матбуотӣ гуфт: «Барои пахши барномаҳо ду навъ иҷоза даркор аст: Яке аз кумитаи телевизион ва радио барои оғози барномаҳо (барои оғози фаъолият- М.М.) ва дигаре аз Вазорати алоқаи Тоҷикистон барои иҷораи мавҷ» . Созмони «Гузоришгарони бидуни марз», ки аз матбуоти озод ҳимоят мекунад, низ аз қатъ гардидани пахши барномаҳои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон 25 январ бо пахши як баёния изҳори нигаронӣ кард. Роҳбари департаменти Аврупо ва кишварҳои собиқи шӯравии созмони мазкур Аннабела Акӣ ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» гуфтааст: «…мақомоти расмӣ баҳонаҳои бюрократиро истифода мекунанд, ки барои расонаҳои хориҷӣ ва мустақил дар пахши барномаҳо ва инъикоси ҳодисаҳо дар Тоҷикистон мушкил эҷод намоянд. Дар ин кишвар муқаррароти расмӣ барои матбуот бисёр печида аст ва имкон намедиҳад, ки расонаҳо то замони муқарраршуда худро сабти ном кунанд . Роҳбари департаменти Аврупо ва кишварҳои собиқи шӯравии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» Аннабела Акӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ба матбуот фишор оваранд, то ки онҳоро дар остонаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2006 зери назорат худ дароваранд. Корманди шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Маҳмуд Сараев дар як нишасти матбуотӣ, ки охири моҳи январи соли 2006 баргузор гардид, эътирозҳои Би-Би-Си ва сафорати Британияро вобаста ба қатъи пахши барномаҳои радиои номбурда рӯи мавҷи FM бепоя хонд: «Азбаски имрӯз созишномаи байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Британия ё ҳадди ақал миёни Би-Би-Си ва Кумитаи телевизион ва радио ба имзо нарасидааст, мо дар ҳамин замина рафтор кардем» . Чаро Радиои Би-Би-Си ин қадар ба пахши барномаҳояш ба мавҷи FM талош мекунад? Мавҷи FM барои шунавандагон бештар дастрас аст ва ин имкон медиҳад, ки фазои таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон тавсеа ёбад. Ин дар навбати худ барои амалӣ кардани аҳдофи асосии радио, ки

44


тарғибот барои дигар намудани мафкураи аҳолии кишварҳои хориҷӣ ба манфиати Британия аст, мусоидат менамояд. Аз ҷумла, дар ин бора журналист Беҳрӯзи Забеҳулло мегӯяд: «…пахши барномаҳои шабонарӯзии Радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM, пахши барномаҳои мӯди урупоӣ, рӯзномаҳои мухталиф ба забони ғайридавлатӣ ва ғайраву ҳоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва ҳамбастагиҳои нерӯҳои дохилӣ дар раванди таҳоҷуми фарҳангии бегонагон арзёбӣ кард». Дар сохтори Ширкати Би-Би-Си Шабакаи интернетии Би-Би-Си-Ай, ки қаблан номи Би-Би-Си Онлайнро дошт, мавқеи муҳим дорад. Ҳоло вай яке аз пурмуштаритарин вебсайтҳо ё саҳифаи вижаи интернетӣ маҳсуб мешавад, ки моҳе беш аз 660 миллион нафар дар гӯшаву канори олам аз он назар мекунанд. Ҳанӯз соли 1991 дар интернет нишонии Би-Би-Си бо унвони bbc.co.uk пайдо шуд. Оғози расмии BBC Online (Би-Би-Си Онлайн) моҳи декабри соли 1997 шурӯъ шудааст. Аммо нахустин маротиба барномаҳои радиоии Би-Би-Си аз соли 1996 дар Интернет пахш мешаванд. Сайти форсии Би-Би-Си (bbcpersian.com) моҳи майи соли 2001 дар Интернет пайдо шуд, ки вай аз 5 саҳифаи ҷудогона иборат аст. Дар саҳифаҳои ин сайт метавон ахбори ҷаҳону минтақа, ахбори Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, маводи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию ҳунар, илму техника ва ғайраро хонд. Ба қавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Тоҷикистон соли 2003 моҳе ҳудуди 4 миллион маротиба ин сайт аз ҷониби муштариён боз карда мешуд . Шафқати Раҷабиён, собиқ хабарнигори лондонии Радиои Би-Би-Си низ дар ин бора мегӯяд: «… сайти бахши форсии Би-Би-Си дар Интернет воқеан хеле фарогир аст. …Омор нишон медиҳад, ки беҳтарин сайти форсӣ дар ҷаҳон аз лиҳози пурхонанда будан аст. Дар тӯли як рӯз сесад ҳазор бор он саҳифа боз мешавад. Бо вуҷуди ин Интернети мо дар бахши форсӣ боз андозае вобаста ба радио аст» . 25 январи соли 2006 Радиои Би-Би-Си хабар дод, ки сайти форсиаш дар Эрон баста шудааст. Ҳамон рӯз роҳбарияти Ширкати Би-Би-Си аз Ҳукумати Эрон дархост намуд, ки сайти форсиашро дар ҳудуди кишвар боз намояд. Аз рӯи маълумоти умури Интернетии Би-Би-Си Нюс тӯли 3 рӯз шумораи хонандагони сайти форсӣ —BBCPersian.com якбора кам шуд. Ба қавли муҳаррири сайти мазкур Сима Алинаҷод теъдоди хонандагон якбора аз се як ҳисса кам шуданд. Бастани сайт аз музофотҳои Эрон сар

45


шуда, сипас ба пойтахт-Теҳрон расид. Шоми 24 январ сайти форсӣ танҳо барои якчанд интернет-провайдерҳо дастрас буду бас. Дар ҳамин ҳол дастрасӣ ба сайти англисии Би-Би-Си халалдор нашудааст. Роҳбарияти Би-Би-Си аз ин изҳори нигаронӣ намуда, изҳор карданд, ки «Баста шудани сайти мазкур истифодабарандагони эронии интернетро аз дастрасӣ ба иттилои воқеиву беғараз маҳрум намуд» . Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Эрон вобаста ба талаби Би-Би-Си вокунише нишон надод. Вале муовини расонаии равобити умумии Вазорати иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон Масъуди Фотеҳ ба хабаргузории «Кор»-и Эрон гуфтааст, ки ин ба хотири ҷилавгирӣ аз нашри «матолиби куфромез ва мухолифи мавозини исломӣ, ихонат ба дини ислом ва муқаддасоти он, ишоъа ва таблиғи гурӯҳҳо ва аҳзоби ғайриқонунӣ» сурат гирифтааст . Сайти форсии Би-Би-Си 5 сол дар Эрон фаъол буд ва дар ин давра садҳо сайти интернетӣ дигар дар ин кишвар баста шуданд. Андрес Илвес, мудири бахши форсии Радиои Би-Би-Си аз ҳодисаи мазкур изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки маро ҳанӯз ба муносибати 65-солагии таъсиси бахши форсӣ (декабри соли 2005) пурсида буданд, ки «Чаро ҷумҳурии исломӣ сайти Би-Би-Си-ро филтр намекунад?» Ман он вақт чунин посух дода будам: «Чаро сайти бетараф, омӯзанда, хабарӣ ва мубтанӣ бар воқеият филтр шавад?». Аз рӯи омори Би-Би-Си сайти форсӣ аз маҳбубтарин сайтҳо буда, моҳе аз он ҳудуди 30 миллион нафар истифода мекарданд. Ба қавли раиси Умури ҷаҳонии Би-Би-Си Найҷел Чэпмен сайти форсӣ аз манбаи аслии ахбор барои эрониён буд ва моҳе ҳудуди 7 миллион нафар вуруди он мешуданд . Умури ҷаҳонии Би-Би-Си кӯшиш мекунад, ки дар журналистикаи байналхалқӣ стандарти худро чун умури ҳамаҷонибаи ахбор барои аудиторияи глобалӣ ҷорӣ намояд. То авали соли 2006 аудиторияи умури мазкур 150 миллион нафар буд ва барои онҳо ба 43 забон дар мавҷҳои кӯтоҳ, АМ ва FM барномаҳо пахш мекард. Аз соли 1995 Би-Би-Си ба радиои рақамӣ гузаштааст, ки ин сифати шунавоии барномаҳоро беҳтар мекунад. Ин имкон медиҳад, ки радиоро дар хонаву автомобил бе ягон мушкилӣ муштариён гӯш бикунанд. Радиоҳои мазкур тавассути спутникҳои рақамӣ низ дастрас аст. Ҳоло 7

46


радиостансия ва Умури ҷаҳонии Би-Би-Си барномаҳои худро ба тариқи рақамӣ пахш мекунанд. Радиои 1-уми Би-Би-Си аз ин ҷумла аст. Чӣ тавре ки қаблан гуфта будем, вай соли 1967 таъсис ёфта, аслан барномаҳои ахбору мусиқӣ дорад ва барои ҷавонон пешбинӣ шудааст. Дар радиои мазкур беҳтарин ва навтарин суруду мусиқӣ ва рақсҳо аз консерту фестивалҳо садо медиҳанд. Ҳамчунин дидҷейҳо барои шунавандагон мусиқии алтернативиро пешкаш мекунанд. Дар радиои мазкур ахбор низ аз барномаҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳоло солона беш аз 310 соати барномаҳои радиоро ахбори рӯзмарра ва варзишӣ ташкил мекунанд. Дар ин радио ҳамчунин шунавандаҳо аз таҷрибаҳои худ нақл мекунанд ва тавассути барномаҳо маслиҳатҳои муфид мегиранд. Дар радиои мазкур солҳои 2004-2005-ум ба мусиқиҳои тахассусӣ тавваҷҷӯҳи хоса дода шуда буд. Дидҷейҳои беҳтарин аз қабили Крис Мойлз, Сара Кокс, Колина ва Эдит барномаҳои нави мусиқиро бо ахбор пайвастанд, ки барои шунавандаҳои ҷавон хеле хуш буд. Радио дар ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба олами мусиқӣ саҳми арзанда дорад. Дар барномаҳо овозхонони ҷавон бори аввал ҳунарнамоӣ кардаанд. Радиои 1-уми Би-Би-Си аз ҳамаи бузургтарин фестивалҳои мусиқии Британия барномаҳои вижа омодаву пахш мекунад. Агарчӣ дар барномаҳо ба пахши мусиқии британӣ афзалият дода мешавад, вале шунавандаҳо аз мусиқии хориҷӣ низ бебаҳра намемонанд. Масалан, тӯли солҳои гузашта барномаҳо аз Конфронси зимистонаи мусиқӣ дар Майамӣ ва Фестивали мусиқии Барселона пахш гардиданд. Дар таҳияи барномаҳо 60 дар сади маводро мусиқӣ ташкил карда, 40 фоизи он аз мусиқии бритонӣ ва нав иборат аст. Радиои 2-юми Би-Би-Си низ ахбору мусиқавӣ аст. Аз он мусиқиҳои гуногун садо медиҳанд. Мусиқии сабуки классикӣ, халқӣ дар иҷрои беҳтарин оркестрҳо дар барномаҳои радиои номбурда пахш мегарданд. Дар Радиои 2-юми Би-Би-Си аз се ду ҳиссаи барномаҳоро мусиқӣ ташкил мекунад, ки ин беш аз 1000 соат дар як сол аст. Дар радиои мазкур мусиқиҳои мустақим аз консерту фестивалҳо садо медиҳанд. Масалан, аз Фестивали халқии Кембриҷ ё консертҳо барномаҳо таҳия мегарданд. Шоми ҷумъа аз радио барномаи «Мусиқии шомгоҳӣ» ва «Хати бузург» (оркестр) садо медиҳанд.

47


Ҳамчунин аз радио ахбор, филмҳои хуҷҷатии радиоӣ, мазҳака, хонишҳои бадеӣ, барномаҳои динӣ ва ғайра пахш мешаванд. Дар ҳамин ҳол баҳсҳо оид ба санъат ва мусиқӣ мақоми хоса доранд ва тӯли соли гузашта беш аз 100 соати барномаҳо ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд. Кормандони Радио-и 2-юми Би-Би-Си кӯшиш мекунанд, ки тавассути барномаву мусоҳибаҳо аудиторияи гуногунро ба худ ҷалб бикунанд. Ахбори радио аз ҷумла, ба аудиторияи оммавӣ нигаронида шуда, ҳаҷми солонаи он беш аз 600 соат аст. Барномаҳои ахбор тӯли ҳар соат пахш мешаванд. Радио ба ҳаёти донишҷӯён таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Барои онҳо барномаҳо омода мекунад. Махсусан, дар моҳи август, пас аз имтиҳоноти дохилшавӣ, мусоҳибаҳо бо донишҷӯён ва довталабони ноком, волидони онҳо садо медиҳанд. Ҳамчунин радио бо омӯзгорон ва мактаббачаҳо, ки ба мусиқӣ таваҷҷӯҳ доранд, иртибот мегирад. Барномаҳои динӣ ба паҳлӯҳои гуногуни адён, проблемаҳои имрӯзаи он ва фарҳанги динӣ бахшида мешаванд. Ҳаҷми солонаи барномаҳои динӣ беш аз 150 соатро ташкил мекунанд. Филмҳои ҳуҷҷатии радиоӣ шоми шанбе ва сешанбе садо медиҳанд, ки ба фарҳанг ё таърихи ягон проблемаи актуалӣ бахшида шудаанд. Ҳамчунин филмҳои мазкур аз фарҳанги хориҷӣ аз қабили Африкаи Ҷанубӣ, 40солагии Акти америкоии ҳуқуқҳои инсон нақл мекунанд. Радиои 3-юми Би-Би-Си низ радиои ахбору мусиқӣ буда, доираи фарохи мусиқӣ, драма ва баҳсҳои иттилоотиро дар бар мегирад. Ба ғайри мусиқии классикӣ дар радиои мазкур «ҷаз» ва мусиқиҳои нав садо медиҳанд. Ба номаҳои шунавандаҳо, ки барномаҳои мусиқӣ аз рӯи онҳо таҳия мегарданд, таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Радио аз фестивалҳои мусиқӣ ва консертҳо барномаҳо таҳия мекунад. Дар барномаҳо оркестрҳои худи Ширкати Би-Би-Си ва оркестрҳои мустақили машҳур баромад мекунанд. Тӯли соли гузашта беш аз 50 дар сади барномаҳои мусиқӣ мустақим буда, ҳудуди 300 консерт садо додааст. Ҳамчунин соли гузашта беш аз 150 консерти мусиқии камеравӣ пахш шудааст. Радио барои ҷалби шунавандаҳо аз усулҳои гуногун истифода мекунад. Дар барномаҳо муколама бо овозхонон ва шунавандаҳо садо медиҳанд. Ҳамчунин барномаҳои вижаи мусиқиву маърифатӣ пахш мешаванд. Дар барномаҳо овозхону мусиқачиёни ҷавон дастгирӣ меёбанд. Ба онҳо

48


имконият дода мешавад, ки ҳунари худро тавассути радио муаррифӣ бикунанд. Барои радио мусиқӣ сарҳад надорад. Аз ин рӯ, дар барномаҳо беҳтарин мусиқиҳои хориҷӣ низ садо медиҳанд, то шунавандаи британиро бо санъати ҷаҳонӣ шинос бикунад. Ҳамасола дар Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ Радиои 3-юми Би-Би-Си радиоҳозирин доир менамояд, ки дар он бевосита садои иштирокчиёни ин ҷашн мустақиман пахш мешавад. Радиои 4-уми Би-Би-Си аз стансияҳои асосии ширкат буда, дар он барномаҳои гуногуни ҷолиб дар мавзӯи санъат, таърих, сиёсат, бизнес, илм ва тандурустӣ пахш мешаванд. Аз радиои мазкур ҳамчунин мазҳакаву драма садо медиҳанд. Бюллетенҳои ахбории радио ва барномаи «Имрӯз» асоси барномахои Радиои 4-умро ташкил медиҳанд. Барномаҳои «Қонун дар амал», «Табиат», «Ҳодиса», «Лабиринт» ва ғайра мавзӯҳои гуногунро дар радио баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар барномаҳои «Клуби китоб», «Китоби кушода» назму наср мавзӯи сӯҳбат қарор мегирад. Дар радиои мазкур барномаи нимсоатаи вижа оид ба санъату фарҳанг низ садо медиҳад. Бояд гуфт, ки радио барои ҷалби муаллифони ҷавон ба ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Масалан, аз чор як ҳиссаи драмаҳое, ки соли 2005 аз радио пахш шуданд, ба қалами муаллифони ба аудитория ноошно тааллуқ доштанд. Соли гузашта радио беш аз 260 соат мазҳакаро, ки бори аввал садо медоданд, пахш намуд. Дар маҷмӯъ аз тариқи радио беш аз 760 соат драма ва хонишҳои бадеӣ садо доданд. Барномаҳои динии радио бошад, соле беш аз 170 соатро ташкил мекунанд. Радиои 4-уми Би-Би-Си ҳамчунин ба проблемаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта оид ба вазъи Шарқи Наздик, 10солагии генотсид дар Руанда ва ғайра барномаҳо пахш шуданд. Лауреати мукофоти Нобел, нависандаи Нигерия Уол Сайкин аз радиои мазкур дар бораи терроризм ва хавфи он лексия хонд. Ахбори «Дейли нюс» барномаи асосии радиои номбурдаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии ахбори солона ба 1850 соат мерасад. Барномаҳои сиёсӣ, тиҷорат ва бизнес низ дар радио мавқеи муҳим доранд. 16 январи соли 1991, вақте ки ахбори нимашабии Радиои 4-уми Би-Би-Си ба эфир баромад, нерӯҳои иттифоқчиён Ироқро бомбаборон мекарданд. Барномаи мазкур паиҳам беш аз 4 соат садо дод. Субҳи 17 январ умури доимии иттилооти Ҷанги Халиҷи Форс аз тариқи Радиои 4 FM ба пахши

49


ахбор шурӯъ кард, ки он то 2 март идома ёфт. Ин амал ҳадафи сиёсӣ дошт, агарчи ҳамон вақт инро мунаққид Ҷиллиан Рейнолдс дар рӯзномаи «Дейли телеграф» беҳуда масраф кардани маблағ номида буд . Пас аз анҷоми муноқишаи Халиҷи Форс дурнамои Радиои 4-уми Би-БиСиро ба назар гирифта, пахши барномаҳои он дар мавҷҳои дароз ва FM ба роҳ монда шуданд. Ба қавли собиқ мудири бахши форсии Радиои Би-Би-Си «Радиои Чаҳоруми Би-Би-Си, ки бештари барномааш сӯҳбатҳои ҷиддӣ ва омӯзишӣ аст, 20-30 миллион шунаванда дорад» . Радиои 5-уми Би-Би-Си, ки мустақиман садо медиҳад, 28 марти соли 1994 ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард. Барномаҳои вай дар мавҷи миёна пахш мешаванд. Ахбори интеллектуалӣ ва варзишии радио барои аудиторияи мухлисони 25- 44-сола нигаронида шудааст. Ахбор барномаи асосӣ буда, 70 фоизи ҳаҷми умумии радиошунавониро ташкил мекунад. Аз ҷумла, соле қариб 6000 соат ахбори минтақавӣ, миллӣ ва байналхалқӣ аз тариқи Радиои мустақими 5-уми Би-Би-Си пахш мешавад. Гузоришҳо аз ҷои рӯйдод, ахбори муҳим ва мубоҳисаҳо оид ба ахбори навин маҳаки асосии барномаҳои мазкурро ташкил медиҳанд. Барномаҳои сиёсӣ, ки хабарнигори Радиои 5-ум Ҷон Пианар мебарад, хеле ҷолиб мебошанд. Радио соли гузашта ҳудуди 50 соат радиофилмҳои ҳуҷҷатиро пахш кард. Ҳамчунин пахши барномаи наве шурӯъ шуд, ки шунавандаҳоро бо масоили молия, бизнес ва истеъмолот шинос мекунад. Радиои мустақими 5-ум барномаи «Варзиш экстра» -ро низ пахш мекунад. Радиои 6-мусиқӣ пурра барномаҳои мусиқӣ ва навиди олами мусиқиро пахш мекунад. Барномаи «Шоуи наҳории Фил Ҷупитус», ки ҳар субҳ аз соати 7 то 10 садо медиҳад, аз ҷолибтарин барномаи шабакаи мазкур маҳсуб мешавад. Ҳамчунин аз радиои мазкур филмҳои мусиқавӣ (филмконсертҳо), барномаҳои «Бозӣ бо мухлисон» (викторина), «Рӯйдод», «Муаррифӣ», «Шумо чӣ мегӯед?» ва ғайра пахш мешаванд. Радиои Би-Би-Си –7 аз навтарин радиоҳои рақамии Би-Би-Си маҳсуб мешавад, ки шабонрӯзе 24 соат барнома пахш мекунад. Ин шабака беҳтарин мазҳака ва драмаҳоро ҳамарӯза дар барномаҳои худ ҷой медиҳад. Ҳамчунин ҳамарӯза барномаҳоро барои кӯдакон пахш мекунад. Аз ҷумла, ҳар рӯз, пас аз зӯҳр аз соати 4 то 6 барномаи мустақими муколамавӣ, ки аз мусоҳиба, пурсишномаҳои санҷишӣ, бозӣ, мусиқӣ ва

50


ғайра иборат аст, барои кӯдакони аз 9 то 11-сола садо медиҳад. Барои кӯдакони аз ин хурдсол ҳар субҳ барнома пахш мешавад. Ба ғайр аз ин радиоҳои 1-экстра, Шабакаи осиёии Би-Би-Си фаъоланд. Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз радиоҳои номбурда Корпоратсияи Би-БиСи боз дар Британия 40 радиои маҳаллӣ дорад. Ҳамчунин Ширкати Би-Би-Си 10 канали телевизиони байналхалқии тиҷоратӣ ва 8 канали дохилии телевизионӣ барои Британия дорад. Канали ҷаҳонии Би-Би-Си (BBC World) шабонарӯзе 24 соат барномаҳои иттилоотӣ пахш мекунад. Канали Би-Би-Си Америка (BBC America) барои Америка барнома пахш мекунад. Канали байналхалқии фароғатии Би-Би-Си (BBC Prime). Канали Би-Би-Си Канада (BBC Canada) мазҳака, драма ва ҳаёти одамонро намоиш медиҳад. Канали кӯдаконаи Би-Би-Си (BBC Kids) барои Канада буда, аз аввалин канали кӯдаконаи байналхалқӣ маҳсуб мешавад. Канали ғизоии Би-Би-Си (BBC Food) телевизиони байналхалқии тиҷоратии Би-Би-Си оид ба хӯрокворӣ мебошад. Канали Сайёраи ҳайвонот (Animal Planet) оид ба табиат, қиссаҳои саргузаштӣ ва аз қиссаҳои воқеии инсону табиат барномаҳо пахш мекунад. Канали Одам +санъатҳо (People + Arts) барои тамошобинони Америкаи Лотинӣ пешбинӣ шуда, қиссаҳои воқеии ҳаётӣ, таърихи ҳаёти шахс, барномаҳои минтақавию байналхалқӣ ва триллерҳо намоиш медиҳад. Телевизиони Британияи Кабир (UKTV Austraila) ягона каналест, ки беҳтарин дастовардҳои британиро барои Австралия пахш мекунад. Телевизиони Би-Би-Си Япония (BBC Japan) канали фароғатӣ буда, дар он мазҳака, драма ва барномаҳо барои кӯдакон пахш мешаванд, ки барои тамошобинони Япония равона шудааст. Би-Би-Си дар дохили Британия бо ин каналҳои телевизионӣ барнома пахш мекунад: Би-Би-Си 1, Би-Би-Си 2, Би-Би-Си-3, Би-Би-Си 4, Си-Би-Би-Си (CBBC), СиБибиес (CBeebies), Би-Би-Си ахбор 24 (BBC News 24), Би-Би-Си парламент (BBC Parliament). Ба қавли Боқири Муин, собиқ мудири шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си дар бисёре аз кишварҳои Ғарб, ки 10 –15 сол аз мамолики Осиёи Миёна

51


пешраванд, нақши радио ҳанӯз аз байн нарафтааст. «Ҳанӯз ҳам яке аз нигоҳҳои гузоришҳои хабарӣ ва таҳлилӣ аз пуршунавандатарин радио аст. Радио ҳирфаитар ва ба истилоҳ нақшаш мушаххастар мешавад. Ба ин маъно, ки барои гурӯҳҳои мухталифи синфӣ, гурӯҳҳои мухталифи иддаӣ барномарезӣ бояд бикунад» .

52


Фасли 3 БИ-БИ-СИ ВА ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ Аз рӯи ҳадаф воситаҳои иртибот дар 3 самт метавонанд истифода шаванд: дар мубориза бар зидди нуқтаи назари бегона; коҳиш додани ин нуқтаи назар; расонидани тафсири худ. Бояд гуфт, ки дар вақти ҷанги иттилоотӣ аввал фазои иттилоотӣ, ё чи хеле ки мегӯянд, қудрати иттилоотӣ ба даст гирифта мешавад ва баъд қудрати воқеӣ (ҳукумат)-ро мегиранд. Муҳаққиқи ҷанги иттилоотӣ Н. А. Брусницын менависад, ки дар давраи шӯравӣ даҳҳо радиостансияҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал «Озодӣ», «Садои Америка», Си-Би-Эс, Би-Би-Си, «Мавҷи Олмон» шабонарӯзе беш аз 100 соат барои СССР ба забони русӣ ва дигар забони халқҳои он барнома пахш мекарданд. Ҳоло низ ин амал барои кишварҳои ИДМ идома дорад. Ин стансияҳо дар кори худ нуқтаи назари расмиро таҳриф намуда, ба шунавандаҳо фаҳмиши худро оид ба раванди руйдодҳо бор мекунанд. Дар байни кормандони ин радиоҳо ҷосусони идораҳои кашшофӣ дар ниқоби журналистон фаъолияти худро пеш мебаранд. Яъне хадамотҳои кашшофӣ воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун олоти сиёсати худ истифода мекунанд . Давлатҳои абарқудрат барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз ҷанги психологӣ истифода мекунанд. Аз ҷумла, соли 1991 ИМА ва иттифоқчиёни вай дар амалиёти «Тӯфон дар биёбон» нисбати Ироқ аз ҷанги психологӣ ба таври васеъ истифода карданд. Намудҳои асосии таъсиррасонии психологӣ телевизиону радио, тарғиботи шифоҳӣ ва чопӣ буд. Барои пахши барномаҳои шабонарӯзӣ ба Ироқ дар территорияи Арабистони Саъудӣ ретрансляторҳои радиостансияҳои «Садои Америка» ва Би-Би-Си гузошта шуда буданд. Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарғибот барномаҳои арабиашро дар як шабонарӯз аз 3 соат то 10,5 соат зиёд кард. Барои ин амал гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуда буд. Фармондеҳии нерӯҳои муттаҳида аз тариқи кӯчманчиён ва авиатсия барои сарбозон ва аҳолии Ироқ ҳудуди 150 ҳазор адад радиотранзисторҳо, ки ба мавҷи радиоҳои номбурда дуруст карда шуда буданд, паҳн карданд. Пасон аз пурсиши асирони ҳарбӣ маълум шуд, ки аз 5 нафар 4 нафари сарбозон

53


радио гӯш карда, худ таслим шуда будаанд. Дар вақти амалиёти мазкур аз ҷониби нерӯҳои иттифоқчиён беш аз 30 миллион нусха варақаи тарғиботӣ паҳн карда шуд. Тарғиботи чопӣ низ ҳини ин амалиёт хеле самараи хуб дод. Вай барои таслим шудан ва ё қушунҳоро партофта рафтани сарбозон мусоидат карда буд. Барои аз байн бурдани ВЭАО-и давлатии Ироқ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба бинои телевизион ва радио зарбаи ракетӣ зада шуд, то ки онҳо ба мардум иттилои воқеиро паҳн накунанд. Ҳамзамон барои задани мавҷи Радиои «Садои Бағдод» мутахассисони ҷанги психологии ИМА ба ҳамон мавҷ барномаҳои худро пахш мекарданд. Ҳамчунин барои бурдани тарғибот Радиои «Садои халиҷ» таъсис дода шуда буд. Баъдан, соли 2001 дар Афғонистон низ амалиёти партофтани варақаҳои тарғиботӣ аз ҷониби нерӯҳои муттаҳида истифода шуд. Ба қавли вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд ва сардори кумитаи муттаҳидаи ситодҳо Ричардс Майерс варақаҳои тарғиботӣ дар қуттиҳои ғизои башардӯстона ҷо карда шуда буданд . Муҳаққиқи ҷанги иттилоотӣ Н. А. Брусницын менависад, ки ба воситаи иттилои махсуси кушода ва дезинформатсия ба мақомоти роҳбарикунандаи кишварҳои рақиб барои қабули ин ё он қарор таъсир расонидан мумкин аст . Ба гуфтаи коршиносони америкоӣ ба президенти кишварҳои дигар таъсир расонидан мумкин аст ва ин усулҳои осону камхарҷи амалӣ намудани сиёсати амнияти миллии ИМА мебошад. Аз ҷумла, ба президентҳо бо се роҳ таъсир расонидан мумкин аст: Якум, дар вохӯриҳои сатҳи олӣ. Дуюм, аз тариқи ҳайати наздикони ӯ тавассути ворид кардани ҷосус. Сеюм, бо ташкили тарғибот тавассути ВАО . Н. А. Брусницын аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир ба фазои иттилооти дохилии Россия ВАО-и хориҷӣ роҳ ёфтаанд. Аз ҷумла, радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си тавассути радиостансияҳои «Маяк», Радиои «Россия» барномаҳои худро пахш мекунанд. Аз ҷумла, ба олоти бурдани ҷанги иттилоотӣ ба монанди Радиои «Озодӣ» фаъолият кардан дар дохили Россия иҷозат дода шудааст. «Вай бо пули Америка фаъолият дорад. Бинобар ин табиист, ки вай ба манфиати онҳову бар зарари Русия кор мекунад» Дар ҳамин ҳол «Маяк» ҳақ надорад, ки барномаҳояшро дар дохили ИМА пахш намояд . Воқеан ҳам, дар ИМА ба пахш кардани барномаҳои радиоҳои Россия аз дохили ин кишвар иҷоза намедиҳанд.

54


Дар Тоҷикистон низ муносибат ба расонаҳои хориҷӣ чунин аст. Масалан, Радиои Би-Би-Си аз моҳи сентябри соли 1996 дар Тоҷикистон бо истифода аз ретрансляторҳои Тоҷиктелеком барномаҳояшро бо мавҷи миёна пахш мекунад. Аз моҳи июни соли 2004 то 10 январи соли 2006 бошад, барномаҳои Би-Би-Си шабонарӯзе 24 соат бо мавҷи FM пахш мешуданд. Ҳоло аз надоштани иҷозатнома пахши барномаҳо ба мавҷи FM муваққатан қатъ гардидааст. Вале ҳукумат метавонад ба ин иҷоза бидиҳад. Рекламаҳое, ки ба шунидани барномаҳои Радиои «Озодӣ» даъват мекунанд, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе хеле зиёд насб шудаанд. Ҳатто чунин як лавҳа дар масофаи 50 метр аз Қасри Президент насб гардидааст. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат» Адолати Мирзо дар бораи бе ҳадаф набудани пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си чунин мегӯяд: «…модоме ширкати Радиои Би-Би-Си тӯли мавҷудияти 65-солааш (бахши форсӣ. Ҷ.М.) ин иддаоро дорад, ки як расонаи мустақили хабаррасон аст ва мавзеъгирӣ намекунад, пас талош аз саргирии пахши барномаҳои Би-БиСи рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон аз сӯи сафорати Бритониё ба чӣ далел аст? Журналисти тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло низ аз пахши барномаҳои Радиои Би-Би-Си изҳори нигаронӣ кардааст: «… пахши барномаҳои шабонарӯзии Радиои Би-Би-Си рӯи мавҷи FM, пахши барномаҳои мӯди урупоӣ, рӯзномаҳои мухталиф ба забони ғайридавлатӣ ва ғайраву ҳоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва ҳамбастагиҳои нерӯҳои дохилӣ дар раванди таҳоҷуми фарҳангии бегонагон арзёбӣ кард» . Имрӯз боз як амали дигар дар матбуоти Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳафтаномаҳои «Asia-Plus», «Миллат», ва «Зиндагӣ» аз маводи радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си «Мавҷи Олмон» ва ғайра дар саҳифаҳои худ фаровон истифода намуда, ҳадафҳои ин расонаҳоро амалӣ мекунанд. Ин кор ё аз надонистани оқибатҳои ин амал сурат мегирад ва ё аз ҷониби ҳукумати ин кишварҳо манфиат дидани муассисону ноширон вобаста аст. Дар ҳамин ҳол сармуҳаррири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо, ки худ бештар маводи радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си-ро дар саҳифаҳои ҳафтаномааш ҷой мекунад, аз чопи замимаи маводи россиягии ҳафтаномаи «Asia-Plus» изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд: «Замоне ки як расонаи мо аз Русия ва дигаре аз Амрико ва саввумӣ аз Туркистон пуштибонӣ мекунад ва ҳарфи он мамоликро мегӯяд, тафаккури воҳиди

55


миллӣ куҷо шакл мегирад, бар мабнои чӣ ва чӣ гуна?» . Таъсиррасонии ахбор ва сиёсат имрӯз яке аз воситаҳои асосии бурдани ҷанги иттилоотӣ маҳсуб мешавад. Зеро бо ин усул метавон ба шуури мардум таъсир расонида, тафаккури онро дигар кард. Масалан, вақте ки як қишри ҷомеа аз ягон қарори ҳукумат норозӣ аст, онро тавссути ВАО нишон дода, ин норозигиро устувор кардан мумкин аст. Дар ин ҳол ВАО бевосита ба ҳукумат фишор меорад. Ҳамин аст, ки радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си аксаран ба мухолифини ҳукумат минбар медиҳанд, то ки онҳо озодона ақидаи худро баён намоянд. Ин амал дар давраи ҷанги ҳамватанӣ хеле рӯшан ба назар мерасид. Соли 1993, баъди аз Тоҷикистон фирор кардани роҳбарони мухолифин сараввал маҳз Радиои Би-Би-Си мусоҳибаро бо роҳбарияти мухолифин — Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигарон пахш карда буд. Ҳоло низ нафарони аз ҳукумат норозӣ бе ягон мушкилот метавонанд аз ин радиоҳо истифода бикунанд. Ба қавли профессори украин Георгий Почепсов, ки технологияҳои иттилоотии сиёсиро пажӯҳиш кардааст, маъракаҳои иттилоотӣ ҳамеша ду ҳадафи ба ҳам мувозиро пайгирӣ менамоянд: а) нигоҳ доштани таваҷҷӯҳ ба интерпретатсияи воқеаҳои рӯйдода; б) пешгирӣ кардани пахши иттилои интерпретатсияшудаи рақиб . Як фактро метавон чанд хел тафсир кард ва афкори ҷомеаро ба вуҷуд овард. Масалан, ғасби Ироқ аз ҷониби нерӯҳои ИМА дар ВАО-и Америка чун воқеаи зарурӣ барои барҳам задани нерӯҳои аҳриманӣ, ки ба амнияти кишвар хатар эҷод мекунад ва барпо кардани демократия талаққӣ мешавад. Ҳамин факт дар ВАО-и Русия, Белорус ва ғайра чун таҷовуз ба хоки Ироқ дониста шудааст. Бояд гуфт, ки ВАО метавонад аудиторияи худро муддати дарозе зери таъсири ягон рӯйдод нигоҳ дорад. Масалан, пешакӣ дар бораи ба вуқӯъ пайвастани ягон ҳодиса хабар дода, таваҷҷӯҳи аудиторияро ба он ҷалб мекунад. Баъдан дар бораи ба вуқӯъ пайвастани худи ин ҳодиса хабар дода мешавад. Сипас дар охир муддати тӯлонӣ метавон ба натиҷаи ин рӯйдод баргашт. Баҳси барномаи ҳастаии Эрон аз чунин мавзӯъ аст, ки дер боз мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии олам мебошад. Ҳамин мавзӯъ дар ВАО-и ИМА ва кишварҳои ба вай наздик ду хел тафсир мешавад: яке ба фоидаи ИМА ва дигаре ба ҷонибдории ИМА.

56


Барои бо аудитория кор кардан хадамоти тарғиботии кишварҳои абарқудрат чунин намудҳои фаъолиятро муайян кардаанд: 1) истифодаи ВАО-и ба аудитория наздик; 2) истифодаи сарчашмаи иртибот, ки аудитория ба вай бештар эътимод дорад; 3) нишон надодани мавқеи иртиботгиранда ва аудитория; 4) пайдо намудани нуқтаҳои баҳамоӣ бо истифодаи калимаҳои ба аудитория наздик ва рӯйдодҳои ба вай ошно; 5) мавқеи иртиботгирандаро чунин бояд нишон дод, ки вай мавқеи ҳамагон аст; 6) истифодаи мушаххасгардонии гурӯҳҳои иҷтимоӣ, динӣ синну солӣ, касбӣ ва ғайра. Бо истифода аз ин усулҳо наздикшавии максималии аудитория ва иртиботгирандаро ба даст овардан мумкин аст. Кишварҳои абарқудрат вақти ҷанги психологӣ аз чунин усулҳои таъсиррасонӣ ба аудитория истифода мекунанд: 1. Факт бояд бо тафсир якҷоя истифода шавад. Масалан, вақти ҷанги Афғонстон ВАО-и ИМА ва Британия онро мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ номиданд. ВАО-и Русия бошад, размандаҳои чеченро «муҷоҳид» ва ё «дастаҳои бандит» меноманд. 2. Пайдоиши факти манфӣ бояд бо тафсири мусбат ислоҳ карда шавад. Масалан, факти марги шаҳрвандони осоишта ҳини ҷанг дар ВАО гуфта намешавад ва агар дар ин бора сухан равад, ҳатман мегӯянд, ки дар амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА 5 ҳазор нафар шаҳрвандон кушта шуданд. 3. Пайдо шудани як факти манфӣ имкон медиҳад, ки факти дигари манфӣ пахш карда шавад. Масалан, вақте ки маркази савдо дар шаҳри Ню-Йорк инфиҷор шуд, факти дигари манфиро оид ба бархӯрдани тайёра ба бинои Пентагон низ пахш карданд. Зеро мардуми аз хабари аввал ба шок расида, хабари дуюмро низ қабул мекунанд. 4. Дар як вақт дар мадди назари аудитория будани факти манфӣ ва мусбат пайдоиши муносибати амиқи шахсро оид ба рӯйдод мушкил мекунад. Масалан, аз як тараф, Афғонистонро бомбаборон карданд ва аз тарафи дигар, бо тайёраҳо ба мардум кӯмаки башардӯстонаи ғизоӣ партофтанд. 5. Собит кардани фикр на ба факт, балки сохтани он бо интерпретатсия.

57


Дар ин ҳолат усули таъсиррасонӣ бо интиқоли факт ба намуди интерпретатсияи ба худ мувофиқ сурат мегирад. Масалан, Би-Би-Си филме, ки канали «1+1» намоиш дода буд, такроран пахш мекунад. Дар он биотеррорро ба Усома бини Лодан ва ё Ироқ нисбат медиҳанд. Ҳоло америкоиҳо хуб медонанд, ки сарчашмаи сирояти бемории сӯхтанӣ аз дохили кишвар будааст. Вале он лаҳза аз ин факт интерпретатсияи ба худ зарурӣ ва мувофиқро барои аудитория талаққӣ доданд. 6. Бояд каналҳои иртиботии ба аудитория наздикро барои таъсиррасонӣ истифода кард. Масалан, ИМА аксари маводи тарғиботии худро тавассути каналҳои арабии ВАО пахш мекунад. Ё беҳуда нест, ки Би-Би-Си аз соли 2007 канали телевизионӣ ба забони арабӣ роҳандозӣ мекунад. 7. Бояд ба афкори ҷомеа диди характеристикаи рақиб, образи вай таҳмил карда шавад. Масалан, олами виртуалӣ нисбат ба воқеӣ дар пахши ахбор мавқеи муҳимро мегирад. Аудитория танҳо онро медонад, ки ба вай гуфтаанд. Аз ин рӯ, интерпретатсия нисбат ба факти воқеӣ мавқеи асосиро мегирад. 8. Таҳмили ақида метавонад тавассути руҷӯи таърихӣ сурат бигирад. Масалан, барои ба аудитория таҳмил кардани ақида чун дар ИМА мегӯянд, ки «Саддом Ҳусейн ин Гитлери ҳозиразамон аст». Албатта, мардум кӣ будани Гитлерро медонанд ва оқибати сиёсати ғосибии вайро фаромӯш накардаанд. Дар ин ҳол аудитория Саддомро бо Гитлер муқоиса карда, ба хулоса меоянд, ки бояд Саддом барканор карда шавад. Зеро вай ҳам чун Гитлер хоҳад буд. 9. Ҳар қадаре ки аудитория дар бораи объекти тафсиршаванда аҷзои зиёди мусбат ё манфӣ гирад, объект барои вай наздик мешавад. Масалан, дар бораи ягон ҳодисае, ки мехоҳанд афкори мардумро ба вуҷуд оранд, бештар менависанд. Дар давраи ҷанги Афғонистон соли 2001 ВАО-и ИМА дар бораи ҳаракати толибон иттилои зиёди манфӣ пахш карданд. Ва ҳатто бо баҳонае, ки баромади Усома бини Лодан шояд хабари шифршудае ба ёронаш дошта бошад, муроҷиати ӯ ё мусоҳибаи вайро пахш накарданд. 10. Ғолиб он касест, ки аввалин шуда ғалабаи худро эълон кардааст. Ҷанги истилогаронаро низ метавон ҷанги боадолат номид, агар тавассути тарғибот чунин афкори ҷомеа ба вуҷуд оварда шавад. Дар оғози ғасби Ироқ дар моҳи марти соли 2003 ВАО-и ИМА ва Британия ин ғосибиро ҷанги боадолатона талаққӣ мекарданд.

58


11. Ягон нафар одами аҳмақ ё сабукфикр, вале барои аудитория ҷолиб барои саргарм кардани мардум интихоб карда мешавад. Масалан, барои афкори ҷомеаро аз воқеаи асосӣ дур кардан ба ягон ҳодисаи сеюмдараҷа таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Масалан, дар ВАО-и Ғарб шодрвон шоҳзода Диана ё овозхон М. Ҷексон барои ҷалби таваҷҷӯҳи аудитория истифода мешаванд. Дар ин ҳол мардум дар бораи воқеаи асосӣ камтар фикр карда, таваҷҷӯҳашонро ба дигар сӯ равона мекунанд. 12. Таҳти назорат гирифтани қиссаҳо дар шабакаи тарғиботӣ низ аз усулҳои таъсиррасонӣ маҳсуб мешавад. Зеро дар қиссаҳо ҳақиқати воқеӣ ниҳон аст ва аз он рақибон метавонанд истифода бикунанд . Масалан, дар ВАО-и кишварҳои Ғарб дар бораи Усома бини Лодан аксаран қиссаву иттилои манфӣ пахш мешавад. Дар сурати ба ин шабакаҳо даст ёфтани Усома бини Лодан ва шериконаш албатта, иттилову қиссаҳо мусбат мешуданд. Аз ҳамин нигоҳ хадамоти амниятии Россия сайти размандаҳои чеченро дар Интернет мебандад, то ки онҳо худро тарғиб накунанд. Қаҳрамон он касест, ки душмани арзанда дорад. Бинобар ин дар ҷанги иттилоотӣ барои аҳолии худ рақибро зӯру тавоно ва бераҳму ҷоҳил нишон медиҳанд, то ки ғолибро қаҳрамон намоянд. Дар ҳамин ҳол барои душман нерӯи худро зӯру тавоно ва мағлубнопазир нишон дода, баръакс рақибро хору залил, ва нотавон инъикос мекунанд, то ки ба афкори мардуми манотиқи душман таъсири психологӣ расонанд. Ба навиштаи рӯзномаи «New York Times» (2002.-2 декабр). Ғалаба дар ҷанг маънои ғалаба дар оламро надорад. Дар ин ҷанг танҳо дар ҳолати ба сару қалбҳои одамон роҳ ёфтан метавон ғолиб омад. Абарқудратҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ аз медиа-кризис истифода мекунанд. Медиа-кризис (бӯҳрони ВАО) ин олотест, ки тавассути расонаҳои хабарӣ дар фазои иттилоотӣ вазъ ноором гардонида мешавад. Ба қавле ВАО аз «пашша фил сохта» вазъро аз будаш зиёд ноором ва ё баръакс нишон медиҳад. Ҳамин аст, ки медиа-кризис метавонад реаксияи нодурустро ба воқеа ба вуҷуд орад. Медиа-кризис ба се бунёд асос ёфтааст: 1. Табодули ном. Дар ин ҳолат ба воқеаи маълум интерпретатсияи нав дода мешавад. Масалан, Сталин дар давраи Хрущёв аз доҳии халқ ба душмани он табдил дода шуд. 2. Интиқол. Медиа-кризис имкон медиҳад, ки маводи рамзӣ ва виртуалии дар он ғуншударо ба маводи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ интиқол дода

59


шавад. Албатта, барои ин маблағи кам харҷ шуда, медиа-кризисро каммасраф менамояд. 3. Таваҷҷӯҳи нодуруст. Медиа-кризис афкори нодурустро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, рақибон аксаран ба хулосаи нодуруст меоянд. Ин дар навбати худ ба ноором кардани авзо мусоидат менамояд. Барои муваффақ гардидан бояд медиа-кризис ба аудиторияи худ ба таври мақсаднок равона шуда бошад. Кор бо одамони норозӣ, ки дар ҳамаи кишварҳо ҳастанд, аз вазифаи умдаи медиа-кризис мебошад. Ин гурӯҳро пайдо карда, фаъол намудан имкон медиҳад, ки табақаҳои дигари ҷомеа ҷалб шаванд. Дар ҳар ҷомеа табақаҳои ҳассос ҳастанд, ки зуд зери таъсири психологӣ мемонанд. Аз онҳо мебояд истифода кард . Муборизаи иттилоотиро метавон ҳамчун омодагии иттилоотӣ ба ягон амали оянда баррасӣ кард, ки дар шароити воқеӣ ва ё виртуалӣ мегузарад. Муборизаи иттилоотиро метавон зидди аҳолии осоишта ва ё низомиён анҷом дод. Таввассути вай аз як ҳолат метавон ба ҳолати дигар гузашт. Масалан, аз ҳолати иқтисодӣ ба сиёсӣ, низомӣ ё баръакс гузаштан мумкин аст. Ин ҳолат аввал дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва баъд ба ҳолати воқеӣ мегузарад. Аз ин рӯ, муборизаи иттилоотӣ чунин ҳадафҳо дорад: хуб (мусбат) нишон додани объект; бад (манфӣ) нишон додани объект; ноором кардани вазъият; ором кардани вазъият. Ин ҳама тавассути паҳн кардани овозаҳо, дурӯғу тӯҳмат, таърифи беасос, барои баррасии мардум пешниҳод кардани ягон мавзӯъ, таҳрифи факт ва ғайра ба даст меояд. Масалан, ВАО-и Ғарб дидаву дониста барои баррасӣ мавзӯи барномаи ҳаставии Эронро бардоштааст ва дар атрофии он ҳангомаҳо месозад. Соли 1956 дар Венгрия медиа-кризис одамонро ба тазоҳурот бархезонд. Комиссияи СММ соли 1957 пас аз пажӯҳиши ин ҳодиса ба хулоса омад, ки радио эҳсоси дастгирии тазоҳуротгаронро ба вуҷуд овардааст . Радиоҳои «Европаи озод», «Садои Америка» ва Би-Би-Си дар Венгрия медиа-кризисро ба вуҷуд оварданд ва мардум ба тазоҳурот хест, вале баъдан он аз ҷониби нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ва маҳаллӣ пахш карда шуд.

60


Мисоли дигари ҷанги иттилоотӣ, ин барканор кардани президенти Индонезия мебошад. Соли 1965 хадамоти махсуси ИМА ва Британия барои сарнагун кардани президенти Индонезия Сукарно, ки аз ҳизби коммунистӣ буд, (он вақт ин ҳизб 10 миллион нафар аъзо дошта нерӯи бузурге ҳисоб мешуд) амалиёти густурдаи тарғиботиро шурӯъ карданд. Соли 1965 гурӯҳи махсуси IRD (Департаменти иттилоотӣ ва пажӯҳишӣ) ва разведкаи британия MI 6 гурӯҳи махсусро барои бурдани тарғиботи сиёҳ ба Сингапур фиристоданд. Мутахассис оид ба тарғибот 100 ҳазор фунт стерлинг гирифт, то барои аз президент Сукарно халос шудан аз ҳамаи имкониятҳо истифода бикунад. Дар ин амалиёт аз медиа-кризис хеле хуб истифода намуданд. Ба мамлакат иттилои Радиои Би-Би-Си фаъолона ворид мешуд. Дар ВАО-и дохилӣ низ иттилои таҳрифшуда, аз қабили бемор будани президент ва вазифаашро иҷро карда натавонистани вай талаққӣ мегардид. Тарғибгарон фактҳоро аз дохили кишвар гирифта ба Лондон мефиристоданд ва аз он ҷо онҳо тавассути Радиои Би-Би-Си пас мегаштанд. Ҳамин тавр дар кишвар афкори мардум тағйир дода шуд ва президент маҷбур шуд, ки 10 марти соли 1966 вазифаашро ба генерал Сухарто бидиҳад . Бояд гуфт, ки ИМА амали террористии Маркази савдоро дар Ню-Йорк (11 сетябри соли 2001) ва пасон амалиёти зиддитеррористиро барои ҳадафҳои глобалии худ истифода кард. ИМА ва кишварҳои Ғарб бо амалӣ намудани амалиёти мазкур дар солҳои 2001 ва 2002 собит карданд, ки Осиёи Марказӣ ҳадафи манфиатҳои геополитикии онҳо мебошад. Аз ҷумла, Вашингтон бо ғасби Афғонистон имкон пайдо кард, ки мазраҳои ҷанубии Осиёи Марказиро низ таҳти назорати худ дошта бошад. Ҳамчунин ИМА акнун метавонад интиқоли маводи энергетикиро аз Осиёи Марказӣ ба ҶХХ таҳти назорат бигирад ва ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар музофоти Синзян-Уйғури ин кишвар таъсир расонад. Ба ғайри ин амали мазкур мавқеи Америкаро дар минтақаи бӯҳронии Ҳиндустону Покистон мустаҳкам кард. Ин албатта, нуфузи Русияро дар ин минтақаи муҳими стратегӣ суст намуд. Қобили зикр аст, ки тули солҳои 2002-2004 ҷараёни пуршиддати гурӯҳбандии таъсири нерӯҳо дар ин минтақа сурат гирифт: 1) вуруди низомии ИМА ва афзоиши якбораи нуфузи сиёсии вай ба як

61


қатор кишварҳои минтақа; 2) раванди пӯшидаи дур кардани таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Русия аз минтақа; 3) ба вуҷуд омадани таҳдиди низомии ИМА ва НАТО аз Осиёи Марказӣ ба Хитой; 4) то андозае барҳам задани хатари исломӣ дар минтақа. Да ҳамин ҳол соли 2005 ва пас аз он баъзе тағйирот дар минтақа ба вуқуъ пайваст, ки ба манфиати ИМА набуд: 1) фаъол шудани Русия дар Хитой(соли 2006-соли Русия дар Хитой); 2) аз Ӯзбекистон бароварда шудани базаи ҳарбии ИМА; 3) баста шудани шартномаи шарики стратегӣ байни Русия ва Ӯзбекистон; 4) машқҳои муштараки низомии Русияву Хитой; 5) табаддулоти ҳарбӣ дар Қирғизистон. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ИМА дар ҷаҳон яккатозӣ мекунад. Вале аз рӯи пешгӯиҳои коршиносон аз рӯи рушди иқтисодӣ ва низомӣ Хитой аллакай дар чаҳоряки аввали садаи ХХI яке аз рақибони асосии стратегии ИМА мегардад. Ҳамин аст, ки ИМА аз ҳоло мекӯшад ба Хитой таъсир расонад. Базаҳои ҳарбии ИМА дар Афғонистон ва Қирғизистон дар ин кор кӯмак хоҳанд кард. Аз Афғонистон ба Эрон низ метавон таъсир расонид. Афғонистон дар байни пайванди Осиёи Марказӣ бо Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир буда, басо ҳам мавқеи стратегӣ маҳсуб мешавад. Ин нуктаҳоро ба назар гирифта, метавон хулоса кард, ки ИМА ҳаргиз ба ин наздикиҳо аз ҳузури низомиаш дар минтақа даст нахоҳад кашид . Ӯзбекистон пас аз соҳибистиқлол шуданаш аз кишварҳои ИДМ рӯ гардонда ба Туркия ва ИМА такя мекард. Ҳукумати Ӯзбекистон умед дошт, ки ИМА барои баромадан аз бунбасти иқтисодӣ ба вай кӯмак мекунад. Бинобар ин Ӯзбекистон дар вақти амалиёти зиддитеррористӣ алайҳи Афғонистон базаи ҳарбии Америкаро дар хоки худ ҷойгир кард. Вале охири соли 2002 маълум шуд, ки Тошканд зери фишор ва вобастагии ИМА мондааст. Пас аз воқеаҳои Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбати Ӯзбекистон ҷанги васеи иттилоотӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ шурӯъ гардид. Ӯзбекистон ба ин амал бо баровардани базаи ҳарбии ИМА аз марзи худ посух дод. Ин дар навбати худ то андозае, мавқеи Америкаро дар минтақа

62


коҳиш дод. Дар ҳамин ҳол ИМА дигар илоҷе наёфта, акнун ба Қазоқистон такя мекунад ва мехоҳад дар ин ҷо мустаҳкам шуда, минтақаро таҳти назорати худ гирад. Америкаро на танҳо Қазоқистон, балки ҳавзаи баҳри Каспий низ, ки манбаи нафт аст, ба худ мекашад. Ба қавли мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин Ғарб аз охири соли 2003 ба ин ҷониб дар марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сенарияҳои иваз кардани режимҳои сиёсиро амалӣ кард. Бо таъсири механизмҳои мазкур муборизаи дохилӣ байни элитаҳои ҷамоҳири осиёӣ тезу тунд мешавад. Билохира ин бозиҳои барои Осиёи Марказӣ тарҳрезишуда бад анҷом меёбанд. Ва ҳамаи гуфтугузорҳо оид ба «шарики стратегӣ» ва ваъдаҳои маблағгузории «борони доллар»-и ИМА чун нақшаи стратегӣ бетағйир мемонад . Қисми шимолии уқёнуси Ҳинд (Халиҷи Форс ва кишварҳои атрофи он) дар умури ҷаҳонӣ яке аз минтақаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Аҳамияти минтақаи мазкур бештар аз мавҷудияти манбаъҳои саршори нафт дар Халиҷи Форс, ки 60 дар сади захираҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва мавқеи геостратегиаш вобаста аст. Масалан, агар Эрон истеҳсоли нафтро ба 40 фоиз коҳиш диҳад, мамлакатҳои Ғарб ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор мешаванд. Ҳамин аст, ки солҳои охир ИМА мехоҳад, бо баҳонаи роҳ надодан ба сохтани яроқи ҳастаӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро ғасб намояд ва бо ин дар минтақа мавқеи гегемонӣ дошта бошад. Ҳадафҳои стратегии ИМА дар минтақа қабл аз таъмини ниёзи худ бо маводи сӯхт ва ҳифзи амнияти давлати Исроил, савдои яроқу силоҳи зиёди худ ба бозори минтақаи мазкур иборат мебошад . Аз ин ваҷҳ масъалаи барномаи ҳастаии Эрон аз ҷониби Қасри Сафед чун проблемаи глобалӣ, ки ба амнияти башарӣ хатар эҷод мекунад, талаққӣ мешавад ва ИМА бо ҳар баҳона мехоҳад ба ин кишвар фишор оварад. Ҳамаи ин омилҳоро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати геополитикии ИМА, Британия, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрон иртибот дорад. Ҳамин аст, ки кишварҳои абарқудрат барои таъсиррасонӣ ба ҷамоҳири Осиёи Марказӣ аз ВАО ба таври васеъ истифода мекунанд. Ҳатто баъзе аз расонаҳои хабарии байналхалқӣ дар сар задани нооромиҳо саҳм мегиранд. Масалан, моҳи сентябри соли 2005 вақте ки 15 нафар гумонбар ба даст доштан дар нооромиҳои Андиҷон мавриди муҳокима қарор

63


доштанд, Додситони Ӯзбекистон хабарнигорони радиоҳои «Озодӣ», БиБи-Си, «Мавҷи Олмон» ва Оҷонсии «Ассошиэйтед пресс»-ро дар кӯмак кардан ба террористон дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам намуд. Хабарнигори Би-Би-Си оид ба водии Фарғона Матлуба Азаматова, ки пас аз воқеаҳои Андиҷон иҷборан Ӯзбекистонро тарк кардаст, мегӯяд, ки дар суд камаш 4 нафар ӯро дар ҳамкорӣ бо террористон муттаҳам карданд. Моҳи май мусоҳибони ман, ки худро дар эфир бизнесмен номида буданд, акнун баъди боздошт шуданашон худро пайрави «акрамия» мегӯянд . Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон соли 2005, дар рӯзи қабули Сарқонуни кишвар гуфта буд, ки «… имрӯз он касе, ки расонаҳои хабариро таҳти таъсири худ дорад, фазои иттилоотиро назорат мекунад. Аз ин тариқ вай ба дигарон нуфуз намуда ҷаҳонро ҳукмронӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо бисёр заиф мондаем» . Пас аз воқеаи Андиҷон Ҳукумати Ӯзбекистон кӯшиш кард, ки фаъолияти созмонҳои хориҷӣ дар кишвар маҳдуд гардад. Ҳамин тавр сайти ӯзбекии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Британия дар Интернет баста шуд. Моҳи сентябри соли 2005 фаъолияти созмони ғайридавлатии америкоии таълимӣ — «IREX» (Айрекс) барои 6 моҳ манъ гардид. Моҳи октябр бошад, дафтари созмони америкоии «Интернюс Нетуорк» ва дафтари Радиои Би-Би-Си баста шуд. Моҳи декабр Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон эътиборномаи фаъолияти дафтари Радиои «Озодӣ»ро дар Тошканд тамдид накард. Ҳамаи ин созмонҳо ба иттиҳоми берун аз чаҳорчӯбаи фаъолияташон амал кардан хориҷи Ӯзбекистон гардиданд. Ба навиштаи рӯзномаи «Вашингтон Таймс» «Роҳбарони як қатор давлатҳои собиқ шӯравӣ аз ҷумла, президенти Русия Владимир Путин ҳукумати кишварҳои Ғарбро дар истифодаи созмонҳои ғайридавлатӣ барои расонидани кӯмак ба ҳаракатҳои мухолифин, ки ҳадафашон сарнагун кардани ҳукуматҳои феълӣ мебошад, муттаҳам намуд» . Ба гуфти корманди Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс Фредерик Старр ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ созмонҳои ғайридавлатии хориҷиро олоти ҳамон кишварҳо медонанд: «Гуфтаҳое, ки ин созмони ғайридавлатӣ аст, касеро бовар намекунонад, зеро ҳамаи ин созмонҳо аз ҳисоби давлатҳои ҳамон кишварҳо маблағгузорӣ мешаванд» . Воқеан ҳам, созмонҳои байналхалқии хориҷӣ дар ин ё он кишвар пеш аз ҳама ҳадафҳои худро пиёда мекунанд. Собиқ вазири молияи Афғонистон

64


дар мусоҳибаи худ ба Радиои Би-Би-Си аз фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бюрократия дар фаъолияти онҳо самараи корашонро коҳиш медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки агар мо барои сохтмони 1 мактаб 40 ҳазор доллар масраф кунем, хориҷиён барои ин 250 ҳазор доллар ҷудо мекунанд, ки қисми зиёдашро маоши худашон ташкил медиҳад. 80 фоизи маблағҳое, ки барои Афғонистон ҷудо шудаанд, ба маош, мошин ва виллаҳои қиматбаҳои хориҷиён сарф мешавад . Кишварҳои абарқудрати Ғарб беҳуда барои «дастгирии демократия» созмонҳои ғайридавлатиро маблағгузорӣ намекунанд. Онҳо ин созмонҳоро барои амалӣ намудани манфиатҳоли миллии давлаташон истифода менамоянд. Худи демократия чун олоти ба сари қудрат омадани мухолифини ҳукумат мавриди истифода қарор мегирад. Ба қавли рӯзномаи «Известия» «Ғарб ҳамон созмонҳои ғайридавлатӣ ва муҳофизони ҳуқуқро дастгирӣ мекунад, ки на танҳо ба тарғиби арзишҳои аврупоӣ, балки ба барангехтани худшиносии миллӣ, вайрон кардани эҳсосоти ватанпарастӣ, барҳам задани эътимод ба бузургии Россия равона шудаанд» . Созмони мустақили ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон (СМҲИӮ) 12 декабри соли 2005 ба номи сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр, сафири Британияи Кабир дар Ӯзбекистон Девид Морган, ва Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳороте пахш кард. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «Ҳукуматҳои ИМА, Британияи Кабир, Швейтсария, САҲА, созмонҳои америкоии дифои ҳуқуқ «Хюман Райтс Вотч», «Фридум Хаус», Радиои америкоии «Озодӣ», Радиои бритонии Би-Би-Си ва ғайра ҳуқуқи инсонро барои ҳадафҳои сиёсии худ ҳамчун «калтаки сиёсӣ» зидди давлату ҳукуматҳои ба худ номувофиқ, барои дахолат ба корҳои давлатҳои мустақил ба мисли Ӯзбекистон истифода мебаранд. СМҲИӮ қатъиян зидди сиёсигардонии дифои ҳуқуқ ва экспорти демократия ба тарзи ғарбӣ, хусусан ҳар гуна инқилобҳои «ранга» ба Ӯзбекистон мебошад, зеро онҳо ғайритамаддунӣ буда ба натиҷаҳои бад меоранд». Сарварони СМҲИӮ М. Ардзинов, И. Адилов ва И. Турсунов, ки ҳама собиқадорони мухолифин ва дифои ҳуқуқ маҳсуб мешаванд, ҳамчунин дар изҳороти худ менависанд, ки «Ҳукумат ва Сафорати Британияи Кабир дар ин ҷо тундгароён, мутаассибони динӣ, ҳуқуқдифоъгарони дурӯғин ва

65


сиёсатбозонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд» . Ҳукумати Ӯзбекистон барои коҳиши дахолати хориҷиён ба корҳои дохилии кишвар ба ғайр аз бастани офисҳои созмонҳои хориҷӣ боз тадбирҳои дигар андешид. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ӯзбекистон моҳи марти соли 2006 фаъолияти журналистони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар маҳдуд карда шуд. Акнун бе сабти ном дар Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ наметавонанд ба фаъолияти журналистӣ машғул шаванд. Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон пас аз қабули қарори мазкур метавонад, иҷозатномаи фаъолияти журналистонро ба иттиҳоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ё дахолат ба корҳои дохилии кишвар лағв намояд. Аз ҷумла, 14 март Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон корти сабти номи хабарнигори Радиои «Мавҷи Олмон» Обид Шабановро барои «паҳн қардани хабари дурӯғ оид ба дар моҳи январ дар хунукӣ дар биёбони Устюрт ба ҳалокат расидани 30 нафар мусофири автобуси вайроншуда» лағв намуд . Бояд гуфт, ки аксари давлатҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии таблиғоти хориҷӣ алайҳи чунин радиошунавонӣ аз мавҷзанакҳо истифода мекунанд, то ин ки аҳолии кишварашон барномаҳои радиоҳои мамолики бегонаро нашунаванд. Аз ҷумла, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1987 мавҷҳои барномаҳои русии радиоҳои Би-Би-Си ва «Садои Америка»-ро мезад. Дар бораи қатъ кардани мавҷзанӣ мухбири Би-Би-Си Наталя Рубинштейн чунин хотираашро нақл мекунад: «Тирамоҳи соли 1987 соати 21: 30 дақиқа ба вақти Лондон бояд ман охирин барномаи нимсоатаро мебурдам, ки садобардор аз ҳуҷраи оператор ба гӯшиам гуфт: -Мавҷзаниро қатъ кадаанд, мо дар эфири тоза ҳастем. – Ман инро ба шунавандаҳо хабар додам» . Ногуфта намонад, ки мавҷзании радиоҳои хориҷӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле гарон меафтод. То соли 1988-ум 15 ҳазор нафар дар 2500 радиостансияҳо ба мавҷзанӣ машғул буданд ва барои ин амал ҳамасола 1 миллиард рубл масраф мешуд. Қатъ шудани мавҷзанӣ барои радиопропагандаи кишварҳои хориҷӣ имконоти навро боз намуд. Яке аз сабабҳои қатъ кардани мавҷзанӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ин пеш гирифтани раванди бозсозӣ буд. Акнун дар мамлакат озодии сухану матбуот шурӯъ гардида, ҳамаи он ахборе, ки радиоҳои хориҷӣ пахш

66


мекарданд, аз радиоҳои дохилӣ шунидан мумкин буд. Яъне дигар шунавандаҳо ба «садоҳои хориҷӣ» эҳтиёҷ надоштанд.

67


Фасли 4 ИНЪИКОСИ ВОҚЕИЯТ ДАР БИ-БИ-СИ Чӣ тавре ки қаблан гуфта будем, Би-Би-Си расман ширкати ғайридавлатии ҷамъиятӣ мебошад, ки аз ҳисоби пардохтпулиҳо фаъолият мекунад. Вале Умури хориҷии Би-Би-Си аз ҳисоби гранти махсуси ҳукуматӣ фаъолияташро пеш мебарад. Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо нақше надорад, мегӯяд Н. Чэпмен, директори Умури ҷаҳонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо нақше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуҷуд меовард ва ҷомеаи Британия бонги изтироб мезаданд . Вақте ки 60-солагии оғози пахши барномаҳои русии Би-Би-Си (моҳи марти соли 2006) баргузор шуд, дар ин бахш сӯҳбате доир гашт. Дар он ба суоли «Би-Би-Си барои кӣ кор мекунад?», собиқ директори бахши русии Радиои Би-Би-Си Николай Горшков чунин посух дод: «Вақте ки Би-Би-Си ба эфир баромад, вай барои афкори ҷамъиятии байналхалқӣ хизмат мекардагӣ шуд. Дар ҳар як кишвари мушаххас Би-Би-Си ба ҷомеаи ин малакат муроҷиат мекунад». Ба гуфти нависанда, сармуҳаррири маҷаллаи «Наш современник» (муосири мо) Станислав Куняев ҳамон вақт барномаҳои Би-Би-Си барои вайрон кардани Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин сӯҳбат депутати Думаи давлатӣ Александр Чуев ба пахши барномаҳои имрӯзаи Би-Би-Си дахолат карда гуфт: «Хоҳиши дар ким куҷо (масалан, дар Белорус) дидани мухолифини азияткашида, ки бо нерӯе ба кӯча баромадаанд, дар Би-Би-Си эҳсос мешавад» . Расман умури хориҷии Би-Би-Си вазифадор аст, ки иттилои дақиқ пахш карда, нуқтаи назари Англияро инъикос бикунад, ҳаёту фарҳанг ва дастовардҳои илмӣ ва саноатии Англияро ҳифз намояд. Ҳамчунин бояд вай ахбори дақиқу сареъ оид ба рӯйдодҳои ҷаҳон пахш карда, барои фаҳмиши онҳо иттилои васеъ ва воқеӣ бидиҳад . Воқеан ҳам, аксар вақт Би-Би-Си иттилои сареъ пахш мекунад. Вале, вақте ки ҳадафи тарғиботӣ пеш меояд, аз Би-Би-Си иттилои дурӯғ ва ғаразнок низ садо медиҳад. Масалан, тирамоҳи соли 1973 Радиои Би-Би-Си таи ду шабонарӯз аз ҷониби Хунтаи ҳарбии генерал Пиночет кушта шудани президенти Чилӣ С. Алендеро пинҳон карда, иттилоъ дод, ки вай даст ба худкушӣ задааст.

68


Ҳамчунин тобистони соли 1974 вақти ошӯб дар Кипр Би-Би-Си хабар дод, ки рӯҳонӣ Макариос кушта шудааст. Ин хабари дурӯғ барои ҷонибдорони мустақилияту ягонагии Кипр зарбаи сахте буд. Албатта, пахши хабари мазкур беҳуда набуд. Англия дар Кипр базаи ҳарбӣ дошт ва ҷудо шудану суст гардидани ҳукумати марказӣ ба манфиати вай буд. Ба қавли нависандаи англис Ҷудит Тодд «Хавфи асосӣ дар он аст, ки … БиБи-Си метавонад ҳамон қадар дарки фактро боздорад, ки вақте мардуми англис ахиран ба ин фактҳо рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо ба ҳолати мушкил меафтанд» . Собиқ сарвари Корпоратсияи Би-Би-Си лорд Саймон Уитеншоу дар китоби худ «Би-Би-Си аз дохил» нисбати назари роҳбарони радио ба Ҳукумати Шӯравӣ навишааст: «Ҳамаи директорони Би-Би-Си, ки ман бо онҳо кор мекардам, ҳамаашон нисбати коммунизм нафрат доштанд» . Журналисти америкоӣ Уолтер Липпман ҳанӯз соли 1922 таъсири ВАО-ро ба тафаккури инсон омӯхта, навишта буд: «Ба он чизе, ки бовар дорем, вай бароямон воқеият менамояд ва мо ба он чунон муносибат мекунем, ки ин ҳамон воқеияти аз ахбор ҷилвагаршуда аст» . Ба ақидаи аксари мутахассисони ғарбӣ тарғиботи иттилоотӣ бештар самаранок аст. «Ахбор олоти аз ҳама муҳими тарғиботӣ аст», мегӯяд профессори америкоӣ Л. Мартин . Аз ин рӯ, дар барномаҳои радиоҳои хориҷӣ ахбор мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамин ҳол паҳнкунандагон ахбори мазкурро иттилои объективӣ меноманд, ки дар воқеъ чунин нест. Дар вақташ журналисти байналхалқӣ В. Осипов дар мақолааш «Калидҳои Би-Би-Си» навишта буд, ки радиокорпоратсияи Британия «дар интихоби «фактҳои объективи»-и ғаразнок нисбат ба ҳамтоҳояш дар олами Ғарб беназир аст» . Бояд гуфт, ки Би-Би-Си чун дигар радиоҳои хориҷӣ ахборро пахш карда, нуқтаи назари худи редаксияро иброз намедорад. Чунин тарзи пахши ахборро хабаррасонии нейтралӣ меноманд. Ба қавли сотсиологи америкоӣ Роберт Мертон чунин усули пахши ахбор бештар паёмадҳои ногувор дорад: «Тарғибот бо фактҳо намегӯяд ба он сӯ бирав, балки бевосита роҳеро нишон медиҳад, ки бояд интихоб бикунӣ…» . Воқеан, Би-Би-Си аз тарғиботи фактологӣ хеле самаранок истифода мекунад. Вай ҳамон фактеро дар хабар меорад, ки ба он манфиатдор аст. Дар ҳамин ҳол албатта, фактҳои дигар, ки шояд донистани онҳо барои

69


аудитория ҷолиб бошад, норӯшан мемонад. Ҳамин тавр аудитория ҳамон чизро мешунавад, ки Би-Би-Си мехоҳад онро шунаванд. Дар воқеъ ин усули пинҳонии таъсиррасонӣ ба аудитория ва идораи шуури онҳо аст. Махсусияти чунин ахбори тафсирнашуда дар он аст, ки таъсири вай каму зиёд шуда дар остонаи шуур амал мекунад. Ин яке аз қаринаҳои талқинкунӣ буда, онро ҳамчун барандаи бомароми аудитория «ба фаҳмиши вазъият дар ҷабҳаи муқарраргардида меноманд» . Усулан ахбори тафсирнашуда дар такя ба ягон манбаи иттилоотӣ пахш мегардад. Вале дар ҳамин ҳол ҳастанд хабарҳое, ки сарчашмаи аниқ надоранд ва чунин шурӯъ мешаванд: «Ба иттилои як манбаи мӯътамад, ки нахост номаш ифшо шавад…», «Аз рӯи баъзе овозаҳо …», «Як сиёсатмадори ба ҳукумат наздик хабар дод, ки…», «Аз рӯи баъзе маълумотҳо…» ва ғайра. Албатта, дар ин ҳол тафтиши чунин хабар ғайри имкон аст. Ҳамчунин Би-Би-Си аз усули дигари тарғибот бо фактҳо истифода мекунад. Радиои мазкур ҳамарӯза фактҳоеро пахш мекунад, ки ба воқеият доштани онҳо аудитория бовар дорад. Ҳамин тавр онҳо гумон мекунанд, ки ҳар он чизе, ки радио пахш менамояд, ҳақиқат аст. Муҳаққиқи франсуз Жак Эллюл дар ин бора мегӯяд: «Майли дар тарғибот дидани дурӯғ ҳатман ба он меоварад, ки фард ҷабрдидаи тарғибот мегардад. Вақте ки ба вай фактҳои воқеиро хабар медиҳанд, ӯ фикр намекунад, ки ин тарғибот аст» . Иосиф Дзялошинский, сарвари Комиссияи озодии дастрасӣ ба иттилоот дар сӯҳбати мизи мудаввари бахши русии Радиои Би-Би-Си изҳор дошта буд, ки ҳоло қисми зиёди аудитория ба иттилои фактологӣ таваҷҷӯҳ доранд . Бояд гуфт, ки истифодаи фактҳои воқеӣ ҳанӯз ин ахбори объективӣ нест. Зеро ки аз фактҳои воқеӣ метавон хабари ғаразнок сохт. Чӣ тавре ки нависандаи шаҳири рус М. Горкий мегӯяд : «Факт- ин ҳанӯз ҳамаи ҳақиқат нест» . Дар Би-Би-Си тарғибот эҳтёткорона сурат мегирад, то ки шунавандаҳо тарғибот будани онро эҳсос накунанд. Дар ҳамин ҳол вай пайваста ва суботкорона тарғибот мебарад, то ки шунавандаҳо ба гуфтаҳои радио бовар бикунанд. Аз ҷумла, агар ягон хабар ба манфиати Британия бошад, онро радио пайваста давоми рӯз пахш мекунад.

70


Би-Би-Си боз як усули дигари талқинкуниро истифода мекунад, ки онро афзудани таъсири факт меноманд. Масалан, ягон фактро аз ҳаёти кишваре, ки ба он тарғибот бурда мешавад, дар ҳамаи барномаҳои ахбор тӯли рӯз ва ҳатто давоми ҳафта пахш мекунад. Хабари мазкур ҳамчунин тафсир гардида, мавзӯи баррасии барномаҳои дигар мешавад. Вале Би-БиСи аз рӯйдоди дигар аз ин кишвар, ки ба манфиаташ нест, умуман ҳарф намезанад. Усули дигари чунин тарғибот ин тавозуни ахбор аст. Би-Би-Си барои таҳкими афкори умум, ки вай хабарҳои объективию беғараз пахш мекунад, дар барномаҳо маводи номақбули худашро низ мешунавонад. Вале дар ҳамин ҳол хабари барояш негативӣ ҳудудан кам ва норӯшан садо медиҳад. Масалан, ҳини баррасии бӯҳрони энергетикии Британия ба ин мавзӯъ ҳамагӣ 2-3 дақиқа вақт ҷудо гардида, қисми зиёди барнома ба мавзӯи дарёфти роҳҳои нави истеҳсоли энергия бахшида мешавад. Ҳамчунин Радиои Би-Би-Си ҳини пахши хабарҳо ба хориҷа кӯшиш мекунад, ки аз доираи манфиатҳои Британия берун набарояд. Масалан, ҳини даргириҳо дар Ирландияи Шимолӣ Би-Би-Си хабарҳоро чунин таҳриф карда, пахш менамуд: «Ақаллиятҳои католикӣ нерӯҳои Британияро шодбош гуфтанд». Дар ҳамин бора рӯзномаи «Сандӣ таймс» чунин менигорад: «Вазъият ончунон шадид гардида, католикҳо ба тарс афтодаанд, ки ҳар як ҳодиса хурсандии онҳоро ба душманӣ зидди нерӯҳои Англия табдил медиҳад». Радиои Би-Би-Си ҳамчунин мегӯяд: «Нерӯҳои Англия масъулияти нигаҳдории сулҳ ва тартиботро дар Олстер ба дӯши худ мегиранд». Дар ҳамин мавзӯъ рӯзномаи «Экономист» чунин менависад: «Нерӯҳои Англия наметавонанд проблемаи Олстерро ҳал бикунанд… Чун сарбозон ба казармаҳо баргарданд, муноқиша бо нерӯи нав шурӯъ мешавад». Дар хабари Би-Би-Си чунин гуфта шудааст: «Ҳукумати Ирландияи Шимолиро дар Англия низ барои роҳ додан ба ҳукуқпоймолкунӣ зери танқид гирифтанд». Рӯзномаи «Трибюн» бошад, дар ин бора чунин менависад: «Ҳукумати Англия бояд қисми зиёди гуноҳро барои куштор дар

71


Ирландияи Шимолӣ ба зиммаи худ бигирад» . Бояд гуфт, ки Би-Би-Си он вақт дар бораи тафсилоти даргириҳо дар Ирландияи Шимолӣ, истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз ҷониби нерӯҳои Англия ва қатлу куштори онҳо ба шунавандаҳои хориҷӣ хабар надодааст. Агарчи ин ҳама баъдан дар матбуот чоп шудааст. Дар бораи ғаразнок будани барномаҳои радиои мазкур собиқ узви парламенти Британия Тони Бенн 30 ноябри соли 2001 дар рӯзномаи «Гардиан» бо киноя чунин изҳор доштааст, «… агар Би-Би-Си пас аз чанд сол ҳақиқати воқеиро гӯяд, ки ҷанг дар Афғонистон чӣ хел инъикос шуда буд, метавонад барои мукофоти кинофестивали Канн муддаӣ шавад». Вале Шафқати Раҷабиён, собиқ таҳиягари барномаи «Маҷаллаи Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегӯяд: «Эҳсоси масъулият бештар барои Тоҷикистон мекунем, зеро барнома аслан мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ҳаст. Битавонем аз ин тариқ се ҳарферо, ки ВВС таъқиб мекунад- омӯзишу парвариш-яъне аз тариқи барномаҳоямон мехоҳем омӯзиш бидиҳем, огоҳ бикунем мардумро ва саввум ба воситаҳои барномаҳоямон мехоҳем ба мардум тафреҳ бидиҳем, яъне саргарм бинамоем» . Дар ҷаҳон ҳар рӯз миллионҳо ҳодиса ба вуқуъ мепайвандад, вале оҷонсиҳои иттилоотӣ танҳо дар бораи шумораи ками онҳо хабар медиҳанд, ки дар маҷмӯъ аз 100 адад беш нестанд. Яъне танҳо ҳамон хабар пахш мешавад, ки ба он касе манфиатдор аст. Дар шароити мавҷудияти озодии баён бояд озодии интихоби иттилоъ, таъмини тавозун низ бошад, то ки таъсири зиддибашарӣ ва зиддидавлатиро нисбати шаҳрвандон билхоса, барои ҷавонон роҳ надиҳад. Ҳамаи кормандони Би-Би-Си ҳангоми фаъолият аз дастури ягонаи корӣ истифода мекунанд. Тибқи дастури мазкур аз кормандони Би-Би-Си беғаразӣ, дақиқкорӣ, поквиҷдонӣ, пешниҳоди нигоҳи комилу воқеӣ ба одамон ва урфу одатҳо, ягонагии редаксионӣ ва мустақилият, эҳтироми ҳаёти шахсӣ, эҳтироми меъёри завқи хуб ва одоби муошират, кӯшиши раҳоӣ ёфтан аз тақлиди рафтори ҷиноӣ ва зидди ҷомеа, ҳифзи некӯҳволии кӯдакон, поквиҷдонӣ нисбати мусоҳибон ва мустақилият аз манфиатҳои тиҷоратӣ тақозо карда мешавад. Дар дастури мазкур гуфта мешавад, ки беғаразӣ принсипи асосии Би-БиСи аст. Бинобар ин ҳамаи барномаҳо ва хизматрасонии Би-Би-Си бояд ба

72


тарзи рӯшоду поквиҷдонона, ки ҳақиқатро инъикос мекунанд, сурат бигиранд. Бояд ягон ҷанбаи намоён аз мадди назари Би-Би-Си берун намонад. Барои дақиқкорӣ ҳар як фактро чанд маротиба санҷидан ва агар лозим бошад, барои маслиҳат муроҷиат кардан тақозо мешавад. Аз рӯи имконият иттилоъ бояд дар ҷои воқеа, аз дасти якум, аз барандаи ахбор гирифта шавад. Дақиқкорӣ танҳо овардани факт нест. Барои инъикоси пурраи воқеа бояд иттилои мавҷударо дар мизони ақл баркашида, пас пахш кардан лозим аст. Шафқати Раҷабиён, собиқ таҳиягари маҷаллаи «Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегӯяд, ки ҳангоми таҳияи хабар «бештар аз ҳама ба дақиқ будани аъдоду арқому омор» таваҷӯҳ мекунем. «…гоҳо ҳамин тур мешавад, ки як шумора се тавр омада. Масалан, 15 нафар не, балки 20 нафар кушта шудааст. Инҳоро бояд дақиқ бикунем» . Барномаҳои Би-Би-Си бояд ба рӯшодгӯӣ, ростгӯӣ ва ҳақҷӯӣ асос ёфта бошанд. Кормандони ширкат бояд нисбати одамон поквиҷдону боэҳтиром рафтор намоянд. Мусоҳибон бояд бидонанд, ки мӯҳтавои барнома чист, онҳо дар вай чӣ нақше доранд, барнома мустақим ё дар сабт, бо таҳрир пахш мешавад. Аудитория бояд ба комил будани барномаҳои Би-Би-Си эътимод дошта бошад. Онҳо бояд бовар дошта бошанд, ки қарор дар бораи тағйироти пахши барномаҳо танҳо дар ҳолати будани сабаби муҳим қабул карда мешавад ва ин аз ягон хел фишороварӣ вобаста нест. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ аз принсипҳои асосии Би-Би-Си маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, рафтори шахсӣ, муросила ва сӯҳбатҳои шахсӣ, ки манфиати табақаҳои васеи ҷомеаро фаро намегиранд, набояд барои ҳамагон ифшо карда шаванд. Ҳамзамон ҳини таҳияи барномаҳои мушаххас ва вақти пахши онҳо ба эфир интизории шунавандаҳоро ба назар бояд гирифт. Ҳангоми ба эфир баромадани барномаҳои телевизион бошад, ҳатман онро бояд ба назар гирифт, ки то соати 21 чӣ пахш мешавад. Би-Би-Си бар он талош мекунад, ки ҳамагуна таҳдид ба ҳаёти инсон, рафтори зидди ҷомеа ва ҷиноят дар барномаҳо боиси тақлиди аудитория нагарданд. Яъне аудитория пас аз шунидани радио тақлид карда, даст ба ҷиноят назанад.

73


Кормандони Би-Би-Си бояд барои беҳбудии кӯдаконе, ки дар барномаҳо иштирок мекунанд, бикӯшанд. Таҳиягарон бояд ҳамаҷониба усули кор бо кӯдак ва таъсири барномаро ба ҳаёти ояндаи вай пас аз пахшаш дар эфир ба назар бигиранд. Ширкати Би-Би-Си аз коргаронаш тақозо мекунад, ки нисбати мусоҳибон бовиҷдонона рафтор бикунанд. Мусоҳиба дар Би-Би-Си бояд хушмуомилаву боэҳтиромона сурат бигирад. Ҳамагуна шаклҳои мусоҳиба иҷоза дода мешавад, вале он набояд боғаразона бошад. Ба мусоҳиб ҳамеша бояд имкон дода шавад, ки вай ба суолҳо посухи пурра бигӯяд. Собиқ мудири шӯъбаи форсии Радиои Би-Би-Си Боқири Муин мегӯяд, дар Би-Би-Си ҳамеша мекӯшанд, ки дар доираи қонунҳо кор бикунанд ва саъй мекунанд ба арзишҳои мавҷудаи хабарӣ вафодор бимонанд. «Ба он маънӣ, ки аввал — диққат ҳаст. Дуввум — таҳлили дуруст. Саввумбетарафӣ ва чаҳорум табодул. Хабарҳоямон ҳамеша манбаъ дошта ва ҳамеша ин корро анҷом додем. …Дар воқеъ мешавад гуфт, ки 64 сол боз ба забони форсӣ барнома пахш мекунад ва як таъодуле ҳамеша дар кораш буда. Шояд иштибоҳ ҳам хеле зиёд карда бошад, вале аз рӯи амд набуда ва агар иштибоҳе ҳам карда бошад, саъй карда, то онро бартараф бикунад» . Дар ҳамин ҳол Боқири Муин мегӯяд, ки кори Радиои Би-Би-Си фақат хабар пахш кардан нест, балки инъикоси зиндагии мардум ҳам ҳаст. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти Би-Би-Си — мустақилияти вай аз манфиатҳои тиҷоратӣ мебошад. Бинобар ин барномаҳои Би-Би-Си бояд ҳаргиз барои аудитория таассуроти рекламавӣ надошта бошанд. Аз рӯи талаботи журналистикаи Ғарб дар маводи иттилоотӣ бояд назари муаллиф набошад, вагарна он беғараз намешавад. Вале принсипи мазкур на ҳамеша риоя мешавад. Ба гуфти хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда- Қирғизистон» Антон Лимар «Ҳама гуна рӯзноманигор ҳангоме ки дар бораи оддитарин воқеа менависад, дар он муносибати хешро дар бораи воқеаи рухдода ифода мекунад» . Элмира Токтогулова, муҳаррири созмони минтақавии созмони швейтсарии CIMERA низ ҷонибдори ин ақида аст: «Воқеъбинии мутлақ дастнорас аст, зеро он вуҷуд надорад. Аммо ба сӯи мувозинат дар маводи нашр саъй кардан мумкин аст ва зарур аст, ки он проблемаи ғаразнокро аз миён бардорад» .

74


Ҳини ҳодисаи гаравгонгирӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Беслани Россия (соли 2004) хабарнигорони Би-Би-Си дар гузоришҳои худ калимаи «террорист»-ро истифода накарданд. Пас аз чанде ба суоли шунавандагон дар ин мавзӯъ директори Умури ҷаҳонии Би-Би-Си Найҷел Чэпмен чунин посух дод: «Мо дар истифодаи калимаи «террорист» эҳтиёткорона рафтор мекунем. Ин яке аз талаботи мост. Сабаб дар он аст, ки ин калима масалан, дар Шарқи Наздик хеле серистеъмол мебошад. Барои исроилиҳо Ҳамас ташкилоти террористӣ бошад ҳам, ин созмон, ки зӯровариро истифода мекунад, барои фаластиниҳо ташкилоти истиқлолхоҳӣ аст. Дар қоидаҳои барномасозии Би-Би-Си истифодаи эҳтиёткоронаи калимаи «террорист» таъкид шудааст. Дар репортажҳо оид ба терроризм вазифаи Би-Би-Си дар он аст, ки ба шунавандаҳо ҳақиқатро зуд ва дақиқ ва беғаразона гӯяд» . Агар шунавандаҳо эҳсос бикунанд, ки радио ягон тарафи даргирро ҷонибдорӣ мекунад, пас эътимоди онҳо ба Би-Би-Си коҳиш меёбад. Ба қавли Найҷел Чэпмен моҳи июли соли 2004 Шӯрои сарпарстони Би-БиСи барномаҳоро баррасӣ карда, ба хулоса омадааст, ки дар умури ахбори Би-Би-Си фазои солими қабули қарорҳо ҳукмфармо буда, ҷанги Ироқ ва муноқишаи Шарқи Наздик беғаразона инъикос карда мешаванд. Агар ман ва ё муҳарриронам эҳсос кунем, ки дар ягон гузориш ҳодиса яктарафа ва ё ғаразнок инъикос мешавад, ба он зуд тағйирот ворид мекунем. Аз ин рӯ, ҳамеша дар гузоришҳои мо тавозун риоя мешавад, мегӯяд Н. Чэпмен ва меафзояд: «Агар нисбати сифати гузоришҳои мо шикояте шавад, мо мӯшикофона онро таҳқиқ мекунем ва агар хато карда бошем, онро эътироф карда, бартараф менамоем» . Ба гуфти Н. Чэпмен Би-Би-Си дар бораи ин ё он ҳодиса, ки бевосита ба фаъолияти он дахолат намекунад, мавқеи худро надорад. Кори мо ҷамъ кардани факт ва онро ба аудитория пешниҳод кардан аст, то ки худи онҳо мавзӯъро бифаҳманд ва ба хулосае биёянд. Ба қавли Н. Чэпмен Ҳукумати Британия имконияти ба раванди редаксионӣ таъсиррасониро надорад. Агарчи Умури ҷаҳонии Би-Би-Си аз ҳисоби гранти махсуси ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, ширкат пурра дар масоили журналистӣ мустақил аст. Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо нақше надорад, мегӯяд Н.

75


Чэпмен, директори Умури ҷаҳонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо нақше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуҷуд меовард ва ҷомеаи Британия бонги изтироб мезаданд . Принсипи асосии кори радиои Би-Би-Си аз рӯи оиннома беғаразӣ мебошад. Ҳамаи иттилое, ки пахш мешавад, бояд дурусту воқеӣ бошад. Собиқ мухбири рӯзномаи «Санди Телеграф» ва «Дейли Нюс» Том Гросс мегӯяд, ки пахши барномаҳои саҳнавӣ, варзишӣ ва илмии Би-Би-Си воқеан беғаразонаанд. Вале барномаҳои ахборӣ ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд. Ба қавли ӯ бахшҳои иттилоотии Би-Би-Си нишондоди оинномаи худро вайрон карда, сиёсати зиддиамерикоӣ ва зиддиисроилиро пеш мебаранд. Би-Би-Си дар барномаҳои худ мекӯшад, ки арабҳоро «наранҷонад». «Ман ду маротиба шунидам, ки Умури ҷаҳонии Би-Би-Си дар бораи қатли оми Судон хабар дода, дар бораи гунаҳкорон ва ҷабрдидаҳои ин ҳодиса чизе нагуфт. Баръакси ин Би-Би-Си дар барномаҳои худ ба такрор мегӯяд, ки яҳудиҳо замини фаластиниҳоро «ғасб» карда, дар он ҷо хона сохтаанд» . Шубҳае нест, ки Би-Би-Си ба созмони «Ҳамос» таваҷҷӯҳ мекунад, мегӯяд Т. Гросс. Солҳои зиёдест, ки «Ҳамос»-ро дар фаъолияти террористӣ, ки зидди яҳудиён равона шудааст, гунаҳкор мекунанд, мегӯянд наттоқони БиБи-Си истеҳзоомез. Соли 2002 адвокати лондонӣ Тревор Андерсон ва ёвари вай Элише Мирони 7 ҳафта пурра барномаҳои радио ва телевизиони Би-Би-Си-ро аз нигоҳи беғаразӣ, дақиқкорӣ ва ҳақиқатнигорӣ омӯхтанд. Бино ба пажӯҳиши Тревор Андерсон ва Элише Мирони «Баъзе қоидавайронкуниҳо дар фаъолияти Би-Би-Си равшан ба назар мерасанд. Гоҳ-гоҳе бо навоварӣ ва ё «нодида гирифтан»-и фактҳо Би-Би-Си хабарҳое пахш мекунад, ки аз ҳақиқат дуранд. Аксаран хабарҳои Би-Би-Си мардумро гумроҳ мекунанд. Баъзан кормандони Би-Би-Си барои тасдиқи идеяҳои худ чизе мебофанд» . Пажӯҳишгарон қоидавайронкунии якумро дар рангин кардани террори созмонҳои арабӣ мебинанд. Ба ақидаи онҳо Би-Би-Си созмонҳои террористии «Ҳамос» ва «Ҷиҳоди исломи»-ро террорист намегӯяд. Ба ҷои ин истилоҳи «ҷангиён», «размандаҳо» ва ё «радикалҳо» истифода мешаванд. Агарчи инфиҷори мағоза, питсерия ё дискотека рух дода бошад ҳам.

76


Ба ақидаи Тревор Андерсон ва Элише Мирони қоидавайронкунии дуюми Би-Би-Си ин «нодида гирифтан»-и зӯроварии арабҳо мебошад. Пажӯҳишгарон барои тасдиқи ин гуфтаҳо воқеаи моҳи декабри соли 2001ро мисол меоранд: Фаластиниҳо дар назди деҳкадаи Эмануэл ба автобус ҳамла карда 10 нафар исроилиро кушта, даҳҳо нафари дигарро захмӣ карданд. Би-Би-Си хабар дод, ки роҳбари фаластиниҳо Я. Арафот ин амалиётро маҳкум карда, амр дод, ки ба зуддӣ офисҳои «Ҳамос» ва «Ҷиҳоди исломӣ» баста шаванд. Ин амри Арафот иҷро нашуд. Дар ин бора расонаҳои ҷаҳонӣ хабар доданд. Аз ҷумла, 13 декабр дар ин бора «Ню-Йорк таймс» иттилоъ дод. Вале Би-Би-Си дигар дар ин бора хабаре пахш накард. 16 декабри соли 2001 Я. Арафот дар бораи мусолиҳа ва бозгашт ба гуфтушуниди осоишта суханронӣ намуд. «Ҳамос» ва «Ҷиҳоди исломӣ» ба зидди Арафот изҳороти расмӣ пахш карданд ва чанд амалиёти террористиро анҷом доданд. Аз ҷумла, деҳкадаи Гуш-Катиф аз миномёт гулӯлаборон карда шуд. Ҳамчунин ба блокпости артиши Исроил норинҷак партофта шуд. Дар натиҷаи амалиёти террористӣ 4 нафар шаҳрванди Исроил захм бардоштанд. Вақте ки нерӯҳои Исроил ба ин амал ҷавоб гардонданд, Би-Би-Си дар бораи мусолиҳаро вайрон кардани фаластиниҳо чизе нагуфта, хабар дод, ки «пас аз баромади Я. Арафот оид ба бас кардани зӯроварӣ ва оғоз кардани гуфтушуниди сулҳ сарбозони исроилӣ 3 нафар фаластиниро куштанд». Ба гуфти Тревор Андерсон ва Элише Мирони қоидавайронкунии сеюми Би-Би-Си дар нобаробарии муносибат ба роҳбарон зоҳир мегардад. Масалан, дар бораи Ариэл Шарон носазо гуфта, Ясир Арафотро чун шахси ҷасур муаррифӣ мекунанд. Масалан, Би-Би-Си мегӯяд, ки «Ариэл Шарон пӯстғафс аст ва аз ин ифтихор мекунад». Дар бораи Арафот бошад, чунин мегӯянд: «Беҳтарин роҳбар». Аз рӯи созишномаи Осло вазифаи Арафот раис номида мешавад, вале дар Би-Би-Си ӯро президент мегӯянд. Тревор Андерсон ва Элише Мирони қоидавайронкунии чоруми Би-Би-Сиро дар хабарҳо истифода накардани ҷузъиёти асосӣ медонанд. Аз ҷумла, 17 декабри соли 2001 сарбозони исроилӣ навраси 12-соларо, ки дар дасташ автомати бозича дошт, парронданд. Ба гуфти намояндаи Артиши Исроил бозичаи мазкур ба автомати ҳақиқӣ хеле монанд буд. Аксари оҷонсиҳои

77


иттилоотӣ ин ҷузъи хабарро номбар карданд. Вале дар хабари Би-Би-Си дар бораи автомати бозичаро дар даст доштани наврас чизе гуфта нашуд . Ғаразнокӣ дар гузоришҳои бахши форсии Би-Би-Си низ ба назар мерасанд. Ин амал дар гузоришҳои давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рӯшан ба назар мерасад. Аз ҷумла, 13 феврали соли 1993 Радиои Би-Би-Си вобаста ба интихоби муфтии нави мусулмонони Тоҷикистон хабаре пахш кард, ки дар он аз ҷумла, омадааст: «Роҳбари ҷадиди мазҳабӣ муфтӣ Фатҳулло Шарипов ном дорад ва аз аҳолии минтақаи Ҳисор аст, ки тақрибан таҳти контроли давлат аст». Ин ҷо албатта, гуфтани «тақрибан» ноҷост. Зеро он вақт Ҳисор воқеан таҳти назорати ҳукумат буд. Дар гузориши дигари Радиои Би-Би-Си, ки 28 феврали соли 1993 пахш шудааст, сухан дар бораи вазъи Тоҷикистони онвақта меравад. Дар гузориши мазкур низ принсипи беғаразӣ ва бетарафӣ риоя нашудааст. Аз ҷумла, дар он чунин гуфта мешавад: «Нерӯҳои номуназзами давлатӣ мавсуф ба Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон бо роҳбарии Сангак Сафаров, ки муттаҳам ба қатл аст, дар ҷараёни рӯёрӯӣ бо як нерӯи 800-нафара аз мухолифини давлат ба ноҳияи кӯҳӣ дар 60-километрии шарқи Душанбе ақиб рондаанд». Дар ин гузориш , ки саросар ғаразнок аст, «муттаҳам ба қатл аст» гуфтани С. Сафаров, дурӯғи маҳз мебошад, зеро ягон додгоҳ ӯро ба қатл маҳкум накардааст. 24 марти соли 1993 Радиои Би-Би-Си дар такя бо иттилои мақомоти СММ дар бораи аз Душанбе ба макони доимии зисташон, вилояти Қурғонтеппа баргардондани 4 ҳазор нафар паноҳанда хабар дода, гуфт, ки онҳо «Дар наздикии як истгоҳи роҳи оҳан, дар яхбандон бидуни сарпаноҳ зиндагӣ мекунанд… То ҳол якчанд нафар аз онон ба ҳалокат расидааст». Хабари мазкур ҳангомаҷӯёна буда, макони воқеа гуфта намешавад, то дурустии он санҷида шавад. 25 октябри соли 2005 гузориши хабарнигори душанбегии Радиои Би-БиСи бо номи «Интиқоди шадиди сусиёл демукротҳо аз давлат» садо дод. Маводи мазкур аз нишасти матбуотии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров таҳия гардидааст. Дар он Р. Зоиров аз афзоиши таъқиб ва фишор нисбати аъзои ҳизб ва фаъолони аз ҷониби ҳукуматдорон изҳори нигаронӣ қардааст. Дар ҳамин ҳол он гуфтаҳои вай бо овардани назари ҷониби мухолиф таъид ё такзиб нашудаанд. Аз ин матлаб вайрон кардани принсипи бетарафии Би-Би-Си рӯшан ба назар

78


мерасад. 21 марти соли 2006 Би-Би-Си гузоришеро бо номи «Радди натоиҷи интихоботи Белорус» пахш кард, ки дар он низ принсипи беғаразӣ ва бетарафӣ риоя намешуд. Дар он суханони президенти ИМА Ҷ. Буш ва номзади мухолифин ба маснади раиси ҷумҳур А. Милинкевич оварда шудааст, ки ғалабаи А. Лукашенкоро дар интихобот намепазиранд. Ҳамчунин мухбир бе ягон санади воқеӣ мегӯяд: «Ҳайати нозирони байналмилалӣ дар иттилоияе мегӯяд : «интихобот ба хотири истифода аз қудрати давлатӣ ва маҳдудияти ҳуқуқи аввалияи шаҳрвандон» тақаллубомез будааст». Қобили тазаккур аст, ки ҳанӯз 4 марти соли 2006, 15 рӯз то баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Белорус хабарнигори Радиои «Озодӣ» Салими Аюбзод дар мухбирномаи худ суханони А. Милинкевичро аз рӯзномаи «Интерншнл Ҳералд трибюн» иқтибос карда буд: «Дар интихоботе, ки ройҳои он шумурда нахоҳанд шуд, пирӯз омадан муҳол аст. Аз ин рӯ, мо дар марҳилаи феълӣ на барои пирӯзӣ дар интихоботи дурӯғин, балки барои пирӯзӣ дар зеҳну дили мардум мубориза мекунем». Гузорише, ки 26 марти соли 2006 Радиои Би-Би-Си бо унвони «Интиқоди иттиҳодияи Урупо аз давлати Белорус» пахш шуд, дар бораи тазоҳуроти мухолифин нақл мекард. Дар гузориш аз намояндаҳои мухолифини Ҳукумати Белорус, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ кардаанд, ҷонибдорӣ мешавад. Ҳамчунин бе овардани далеле дар гузориш омадааст: «Муътаризин мегӯянд дар интихобот тақаллуб шудааст». Мавзӯи мазкур дар хабари дигари Радиои Би-Би-Си «Мамнуъияти сафари раиси ҷумҳури Белорус», ки 10 апрели соли 2006 садо дод, боз баррасӣ шудааст. Дар он аз қарори вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба манъ кардани сафари президенти Белорус А. Лукашенко ба ин давлатҳо сухан меравад. Ҳамчунин дар ин хабар боз омадааст: «Ин иқдом дар вокуниш ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи гузашта дар Белорус аст, ки ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ на озод ва на мунсифона баргузор шудааст». 12 апрели соли 2006 мухбирномаи хабарнигори Би-Би-Си Ҷонатан Маркос бо номи «Роҳи ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон чист?» пахш шуд, ки дар он принсипи бетарафӣ риоя нашудааст. Ӯ аз ҷумла, мегӯяд: «Эрон дар

79


масире қарор гирифта, ки метавонад ба тавоноии тавлиди маводи лозим барои сохти бумб даст ёбад». Ҷ. Маркос вобаста ба тафовути мавқеи Русияву Чин ва Америкаву Британия ҳарф зада ба чунин хулоса меояд: «… бидуни дастёбӣ ба ваҳдати назар фишори байналхалқӣ абзори ноқис хоҳад буд». Мухолифини Би-Би-Си аз сарлавҳаҳои хабару гузоришҳо нисбати инъикоси муноқишаи Исроилу Фаластин низ изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, соли 2002, вақте ки Я. Арафот изҳор дошт, ки разведкаи Моссад гурӯҳи қалбакии ташкилоти террористии «Ал-қоида»-ро дар сектори Ғаза таъсис додааст ва инро ашхоси расмӣ рад карданд, Би-Би-Си онро дар сарлавҳаи худ истифода кард: «Исроил ҳузури «Ал-қоида»-ро тақаллуб кард». Дар сарлавҳаи дигар омадааст: «Дар натиҷаи зарбаи ракетии исроилиҳо як нафар кушта шуд». Вақте ки мақола то охир гӯш карда мешавад, маълум мегардад, ки ин «як нафар» террорист будааст. Ҳини як амалиёт дар назди офиси СММ дар Фаластин аз ҷониби исроилиҳо як нафар террорист кушта шуд. Намояндагии СММ аз Ҳукумати Исроил дархост намуд, ки ҳини амалиёти ҷангӣ эҳтиёткор бошанд ва ҷони шаҳрвандони осоиштаро зери хатар нагузоранд. Пас аз ин маводи Би-Би-Си бо чунин сарлавҳа пахш шуд: «Исроил ба ҳаёти кормандони СММ таҳдид мекунад» . Чунин сарлавҳагузорӣ дар бахши форсии Би-Би-Си низ ба назар мерасад. Масалан, 24 марти соли 1994 гузорише бо унвони «Сафари ногаҳонӣ ва тааҷҷубовари Эмомалӣ Раҳмонов ба Бадахшони Тоҷикистон» пахш шуд. Сарлавҳаи мазкур ҳангомаҷӯёна аст. Зеро ташрифи роҳбари давлат ба як минтақаи кишвар тааҷҷубовар нест. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки «Помир як минтақаи худмухтор аст ва давлати Тоҷикистон дастрасӣ ба он надорад. Дар ҷараёни даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон шумораи зиёди мухолифони ҳукумат ба кӯҳҳои Помир паноҳ бурдаанд.» Дар чунин вазъият ба ин минтақа сафар кардани раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Э. Раҳмонов тааҷҷубовар набуда, қаҳрамонист. 17 апрели соли 2006 Би-Би-Си гузоришеро аз нишасти матбуотии додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов пахш намуд. Дар нишасти матбуотӣ Б. Бобохонов дар мавзӯҳои гуногун сӯҳбат карда, инчунин дар бораи навиштаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

80


Р. Зоиров дар Интернет, ки гӯё дар кишвар 1000 нафар маҳбусони сиёсӣ зиндонианд, гуфтааст: «вай барои бозҷӯӣ ба додситонӣ даъват карда мешавад, то ин гуфтаи худро собит намояд». Гузориши мазкур дар сайти Би-Би-Си чунин номгузорӣ шуда буд: Бобохонов: «Зоиров ба додситонӣ даъват хоҳад шуд». Ин сарлавҳа хеле ҳангомаангез буд ва боиси ҳодисаи ногуворе гардид. Ҳамон рӯзи пахши ин гузориш Р. Зоҳиров ба сафари 10рӯзаи корӣ озими Маскав шуд. Ӯро дар фурӯдгоҳи Маскав мухбирон иҳота карда, пурсиданд, ки магар аз тарси гуфтаҳои додситони кулл фирор кардааст? Дар гузориши мазкур танҳо назари Б. Бобохонов оид ба ин қазия оварда шуда, назари Р. Зоҳиров вобаста ба изҳороти додситони кулл гуфта нашудааст. Созмони ҷамъиятии Take-A-Pen соли 2005 як таҳқиқотеро оид ба гузоришҳои Би-Би-Си анҷом дод. Ба қавли раиси созмони мазкур Андре Мозес аз пажӯҳиш бармеояд, ки Би-Би-Си террористонро ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи январи соли 2005 пас аз як амалиёти террористӣ дар Тел-Авив, ки дар натиҷаи он 5 нафар куштаву 49 нафар исроилиҳои ҷавон захмӣ шуданд, Би-Би-Си таҳти сарлавҳаи «Оилаи мотамзада» гузоришеро пахш намуд. Дар он сухан аз оилаи мотамзадаи шаҳиди ҷонфидои фаластинӣ мерафт. А. Мозес аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки Би-Би-Си дар бораи инфиҷоргари террорист ҳарф зада, ҷабрдидаҳои исроилиро фаромӯш кард. Ба қавли А. Мозес кормандони Би-Би-Си худ мекӯшанд, ки террористонро сафед кунанд. Аз ҷумла, директори шӯъбаи ахбори Би-Би-Си Ричард Сэмбрук соли 2003 дар эфир гуфт, ки «ҳуҷуми ҷонфидоёни инфиҷоргар ба исроилиҳо аз нигоҳӣ сиёсӣ асоснок аст». Ба ҳама маълум аст, ки дидаву дониста қасди ҷони шаҳрвандони мулкӣ кардан ҷиноят аст ва барои ин дар тамоми олам ҷазо муайян шудааст. Корманди Би-Би-Си бошад, чунин амалро раво медонад . Пахши тафсири дурӯғ на танҳо дар радио балки дар телевизиони Би-БиСи низ ба назар мерасад. Июни соли 2003 аз тариқи канали телевизиони Би-Би-Си-2 филми мустанади «Роҳ ба сӯи Армагеддон» намоиш дода шуд. Муаллифони филм нақл мекарданд, ки артиши Исроил ҳини амалиёт ҷойҳои муқаддаси христианиро таҳқир кардааст ва ба фаластиниҳо барои

81


иҷрои оинҳои динӣ озодии пурра дода намешавад. Пас аз пахши филми мазкур як гурӯҳ яҳудиёни лондонӣ аз болои Би-Би-Си ба додгоҳ муроҷиат карданд. 18 марти соли 2004, ҳини баррасии қазияи мазкур дар додгоҳ собит шуд, ки дар матни гӯянда иттилои дурӯғ оварда шудааст. Ҳамчунин дар филм тасвир чунон паиҳам пайваст шуда тамошобинро гумроҳ менамояд, ки гӯё исроилиҳо дайру ибодатхонаҳоро дар Замини муқаддас вайрон карда истодаанд. Ба иттиллои оҷонсии AEN роҳбарияти Ширкати телевизионии Би-Би-Си барои пахши маводи дурӯғ оид ба Исроил ва муноқишаи Исроилу Фаластин аз яҳудиҳои Британия узр пурсидааст . Соли 2004 мушовири вазири мудофиаи Британия Д. Келли пас аз ифшо шудани он, ки ӯ ҳуҷҷатҳоро вобаста ба шурӯи Ҷанги Ироқ ба мухбири БиБи-Си додааст, худкушӣ кард. Барои таҳқиқи «қазияи Келли» комиссияи махсуси давлатӣ бо сарварии лорди консерватор Хаттон таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2004 комиссия хулосаи худро чоп кард, ки тибқи он ба марги Д. Келли Би-Би-Си ҳамчун сарчашмаи иттилои санҷиданашуда айбдор дониста шуд. Комиссияи Хаттон ба хулоса омад, ки гузоришҳои Би-Би-Си оид ба инъикоси ҷанг дар Ироқ аз ҳад зиёд сиёсӣ ва ғаразноканд . Бояд гуфт, ки дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон низ нисбати Радиои «Озодӣ» ва Би-Би-Си афкори манфӣ ба вуҷуд омадааст ва онҳо ба хабарнигорони радиои мазкур назари некхоҳона надоранд. Ҳатто президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар суханронии хеш дар сессияи 11 -и Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 14 маи соли 1999 доир гардида буд, ин нуктаро изҳор доштааст: «Махсусан ба рӯзноманигорони радиоҳои «Хуросон»-у Би-Би-Си ва «Озодӣ» муроҷиат мекунам. Шумо хабар медиҳед, ки гӯё дар Тоҷикистон ба ғайр аз 2 — 3 нафар оппозитсион дигар касе набошад. Ягон кор на ҳукумат, на порлумон, на президент ва 6 миллион нафар аҳолӣ. Мо медонем, шумо заказҳои киҳоро иҷро мекунед. Лекин аз ҷаҳорчӯбаи қонунҳои умумибашарӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорӣ баромада, виҷдони худро нафурӯшед. Низоъ андохтан дар Тоҷикистон дигар на ба рӯзноманигор, на ба қувваи сиёсии дохилӣ ва душманони дохилию берунӣ муяссар намешавад» . Ҳангомаҷӯӣ яке аз усулҳои кори мухбирони радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-

82


Си мебошад. Барои дарёфти мавзӯи ҳангома мухбирони ин радиоҳо баъзан ба амали ғайриқонунӣ низ даст мезананд. Масалан, 21 декабри соли 2005 дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон хабарнигори Ширкати БиБи-Си Мустаҳкам Тангриева аз ҷониби сарҳадбонон ба ҷурми ғайриқонунӣ ба минтақаи марзӣ ворид шуданаш боздошт гардида, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот супорида шуд. Ба қавли сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов хабарнигори Би-Би-Си дар вазорати онҳо чун мухбир сабти ном шудааст, вале вай пеш аз он ки ба хати марзӣ мерафт, бояд дар ин бора огоҳ мекард. Дар ин сурат, касе ӯро боздошт наменамуд . Дар Радиои Би-Би-Си вақти таҳияи хабар ба забон ва услуби он диққати ҷиддӣ дода, чунин талабот тавсия мешавад: - хабар бояд ба лаҳни тозаву беолоиш навишта шавад; - ҷумлаи идеалӣ бояд дар худ як фикри анҷомёфтаро ғунҷонад ва он набояд аз як сатр зиёд бошад; - ҷумлае, ки беш аз ду сатр аст, ҳамеша душворфаҳм буда, хотирмон нест; - ибораҳои кӯтоҳу дароз беҳтараш ба навбат истифода шаванд. Ин аз якнавохтиву сарбастагӣ ва гум шудани фикр эмин медорад; - ҳини сохтани ибора аз сифати феълӣ ва феъли ҳол истифода кардан нашояд; - аз истифодаи калимаҳо ба монанди «чунин номбаршаванда ва «ба ном машҳур» сарфи назар мебояд кард . Аз пажӯҳиш бармеояд, ки баъзан як иттилоъро чанд расонаи хабарӣ дар як вақт ва қариб як хел пахш мекунанд. Масалан, 19 апрели соли 2006 Радиои «Озодӣ» дар бораи зуҳури бемории сироятии лептоспироз дар ноҳияи Файзободи ҷумҳурӣ иттилоъ пахш кард. Ҳамон рӯз дар ҳамин бора Радиои Би-Би-Си ҳам чунин хабар дод. Хабари мазкур ҳамон рӯз аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии «Авасто» ва «Asia-Plus» низ пахш шуд. Ҳар 4 хабар, ки аз нишасти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳия шудаанд, қариб якхелаанд. Вале «Asia-Plus» дар охири хабари худ маълумотномаеро оид ба бемории лептоспироз овардааст. 11 майи соли 2006 ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар бораи дар боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дасти духтаракеро газидани хирс хабаре чоп кард. Толибаи синфи чоруми мактаби рақами 21-и пойтахт Елизавета Шиякинаи 10-сола 1 май, вақте ки бо падараш дар боғи ҳайвонот буд,

83


хостааст, ки ба хирс нонпораи хушк бидиҳад. Хирс ногаҳон аз дасти духтарак гирифта, онро кашидааст. Ҳамин тавр хирс дасти духтаракро аз китфаш канда гирифтааст . Пас аз чор рӯзи чопи хабари мазкур Радиои «Озодӣ» дар ҳамин мавзӯъ хабари васеъ пахш намуд. Хабарҳои мазкур ба ҳам қариб пурра монанданд. Вале мухбири РО бо модари духтари ҷабрдида сӯҳбат карда, аз қавли вай овардааст, ки вақти рӯй додани ин ҳодиса нозири боғи ҳайвонот ва касе аз тамошобинон ба кӯмаки Елизавета наомадаанд. Дар хабари «Asia-Plus» бошад, гуфта мешавад, ки нозирони боғи ҳайвонот тавонистанд боқимондаи дасти духтаракро аз панҷаи хирс раҳо кунанд. Дар хабари РО бар акс аз қавли модари духтарак гуфта мешавад, ки падараш дасти ӯро аз чанголи хирс раҳо намудааст . Дар охири ҳар ду хабар ҳам аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки ба хотири ҷарроҳии минбаъда ба Елизавета кӯмаки молӣ намоянд. Ҳафтаномаи «Asia-Plus» барои интиқоли маблағи хайрия суратҳисоби Лизаро чоп кардааст. Радиои «Озодӣ» бошад, барои тамос бо ин оила рақами телефони онҳоро ба шунавандаҳо гуфтааст. Радиои Би-Би-Си танҳо 22 майи соли 2006, яъне пас аз 22 рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш мавзӯи мазкурро дар як гузориши ихтисосӣ пайгирӣ кардааст. Гузориши мазкур нисбатан пурра буд ва дар он ба ғайр аз нақли воқеа ва додхоҳии модари ин духтараки ҷабрдида, ҳамчунин сухан аз беаҳамиятии падари Лиза, ки қоидаи бехатариро риоя накардааст, меравад. Феълан дарёфти иттилоъ барои радиоҳои хориҷӣ нисбат ба давраи шӯравӣ осон гардидааст, зеро он тавассути мухбирони худӣ ва оҷонсиҳои хабарӣ ва Интернет дастрас мешавад. Воқеан ҳам, имрӯз бо рушди шабакаи Интернет ҳар як хабаре, ки оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва ё хабаргузориҳои ҷаҳонӣ дар бораи ин кишвар пахш мекунанд, ба осонӣ ва дар вақти хеле кӯтоҳ дастраси кормандони радиоҳои «Озодӣ» ва Би-БиСи мегарданд. Ин дар навбати худ барои дарёфти мавзӯъ, факту арқом ва иттилои аввалия мусоидат менамояд. Хабару гузоришҳое, ки кормандони офиси душанбегии Радиои Би-Би-Си омода мекунанд, асосан дар барномаи «Маҷаллаи Осиёи Миёна» пахш мешаванд. Барномаи мазкур то аввали соли 2006-ум 30 дақиқа буд ва аз соати 20 то 20-у 30 дақиқа садо медод. Пас аз қатъ гардидани пахши

84


шабонарӯзии барномаҳои Радиои Би-Би-Си дар мавҷи FM ҳаҷми барномаи мазкур 45 дақиқа шуд ва он аз соати 19-у 45 дақиқа то 20-у 30 дақиқа садо медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки феълан вобаста ба вақти ҷудошуда ва аҳдофи радио дар барномаҳои бахши форсии Би-Би-Си аксаран жанрҳои ахборӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Аммо дар радиоҳои дохилии Би-БиСи пахши жанрҳои бадеӣ-публитсистӣ аз қабили монтажи спектакл, ҳикояи радиоӣ, песаи радиоӣ, радиоинсенировка ва радиофилм маъмул аст. Бояд зикр кард, ки дар радиои хориҷӣ мафҳуми жанрҳо маҳдуд аст ва ҳамаи нигоштаҳоро аслан ба хабар, гузориш, мусоҳиба, сӯҳбат, мақола, хулосаи матбуот ва гуфтори вижа ҷудо мекунанд. Дар ин ҷо хабар, мусоҳиба, сӯҳбат ва хулосаи матбуот аз рӯи таиноти жанриашон таҳия гардида, пахш мешаванд. Вале жанрҳои баёния ва табсира ҳамчун мақола ёд мешаванд. Репортаж ва ҷараёнот бошад, бо унвони гузориш истифода мегарданд. Матолиби дигари калонҳаҷмро, ки пахш мегарданд, вижагуфтор меноманд. Пахши жанрҳои гурӯҳи таҳлилию публитсистӣ низ дар радио маъмул нестанд, вале истифодаи ҷудогонаи онҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар Радиои Би-Би-Си баъзан сӯҳбат ва нигориш истифода мешаванд. Истифодаи жанрҳо дар Радиои Би-Би-Си аз талабот ба барномаҳои радио сарчашма мегирад. Яъне ҳадафи асосии радио, ки тарғиби манфиатҳои Британия ва бо ин дигар кардани мафкураи аҳолии кишварҳои хориҷӣ аст, дар истифодаи жанрҳо таъсири амиқ дорад. Бояд гуфт, ки дар бахши русӣ ва форсии Радиои Би-Би-Си жанрҳои гуногуни журналистикаи аврупоӣ-қитъавӣ асосан аз ҷониби кормандони шӯъба, ки таҷрибаи журналистикаи шӯравиро доранд, истифода мешаванд.

85


Фасли 5 РАДИОИ БИ-БИ-СИ ВА МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОН Солҳои охир дар матбуоти хусусии Тоҷикистон як тамоюли наве пайдо шудааст, ки он дар давраи шӯравӣ дар матбуоти ҳизбӣ ба назар мерасид. Он вақт матбуоти ҳизбии кишвар маводи чопкардаи нашрияҳои Маскавро дар саҳифаҳои худ ба табъ мерасонданд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон нашрияҳои русзабон барои пур кардани саҳифаҳои худ ин амалро идома дода истодаанд. Чанд соли охир бошад, нашрияҳои хусусии ҷумҳурӣ аз маводи пахшкардаи радиоҳои хориҷӣ зиёд истифода мекунанд. Таҳлили якчанд ҳафтанома аз қабили «Зиндагӣ» ва «Миллат», ин гуфтаҳоро собит менамоянд. Ин нашрияҳо аксаран маводи пахшкардаи бахши форсии Радиои Би-Би-Си ва Радиои «Озодӣ»-ро истифода мебаранд. Дар ҳамин ҳол нашрияҳои русзабон низ аз қабили ҳафтаномаи «Asia-Plus» маводи радиоҳои «Свобода», Би-Би-Си, «Неметская волна» (мавҷи Олмон) ва нашрияҳои Русияро дар саҳифаҳои худ ба табъ мерасонанд. Масалан, 2 феврали соли 2006 ҳафтаномаи «Asia-Plus» хабарҳои «Продолжаются суды над узбекской оппозицией» ва «Последний из оппозиции»-ро аз Радиои Би-Би-Си бо ишора аз манбаъ ба табъ расонид. Дар ҳар ду хабар сухан дар бораи ба додгоҳ кашида шудани лидерони гурӯҳи «Ӯзбекистони офтобӣ» Санҷар Умаров ва Нодира Ҳидоятова дар кишвари ҳамсоя меравад. 7 марти соли 2006 Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо унвони «Шикояти ширкати обрасонӣ аз Абдуллоҳи Нурӣ» пахш кард. Ҳамон рӯз Оҷонсии иттилоотии «Asia-Plus» хабареро бо номи «Саид Абдулло Нурӣ предстанет перед судом за клевету» паҳн намуд, ки баъдан он 9 март бо номи «Водоканал против С. А. Нури» дар ҳафтаномаи «Asia-Plus» ба табъ расид. 27 октябри соли 2005 дар сайти форсии Би-Би-Си мақолаи Шаҳзода Назарзода (рӯзноманигори тоҷик дар Лондон) бо унвони «Секс ва фалсафа» пахш шуд. Мақола баррасии филми режиссёри эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф аст, ки соли 2005 дар шаҳри Душанбе филмеро рӯи навор овардааст. 10 ноябри соли 2005 ҳафтаномаи «Миллат» мақолаи мазкурро бо номи «Ишқҳои Душанбе» дар Ландан «Секс…» шуд», ба табъ расонид. Мақолаи

86


номбурда ҳарф бо ҳарф бо мақолаи Би-Би-Си монанд буда, номи муаллиф дар ҳафтанома ба чоп расидааст, вале манбаи онро ишора накардаанд. 12 майи соли 2005 ҳафтаномаи «Зиндагӣ» мақолаи мухбири Радиои «Озодӣ» Сайёфи Мизробро бо номи «Ҳайкали Сангак Сафаров ёдгории таърихӣ нест?» бо ишора аз «Озодӣ» ба табъ расонд. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи кандани нимпайкараҳои фармондеҳони фаъоли Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим дар шаҳри Кӯлоб меравад. Бояд зикр кард, ки ҳанӯз 4 ноябри соли 2004 ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» дар мавзӯи мазкур хабар дода буд ва 4 рӯз пас аз нашри рӯзнома – 8 ноябр мухбири хатлонии Би-Би-Си Хуршед Андамов дар ҳамин бора гузориш пахш кард. Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» 1 декабри соли 2005 хабари Радиои Би-Би-Си «ИМА пароканда кардани тазоҳуротро дар Боку мавриди сарзаниш қарор дод» низ чоп намудааст. Ҳафтаномаи «Миллат» 1 декабри соли 2005 мухбирномаеро аз Радиои БиБи-Си бо номи «Нигаронӣ аз таҳсили динии ҷавонони тоҷик» ба табъ расонид. Дар поёни мухбирномаи мазкур ҳафтанома ба маводи Би-Би-Си ишора кардааст, вале номи муаллиф оварда нашудааст. Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» 23 феврали соли 2006-ум мухбирномаи «Нигаронии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон»-ро аз Радиои «Озодӣ» бе ишора аз манбаъ, вале бо номи муаллиф –Н. Маъмурзода ба табъ расонид. Ин мухбирнома 17 феврал дар радио пахш шуда буд. Хамин мавзӯъро 17 феврал Радиои Би-Би-Си ва Оҷонсии иттилоотии «Авасто» низ пайгирӣ карда буданд. Дар шумораи 2 марти соли 2006 ҳафтаномаи «Зиндагӣ» хабари «Мири шаҳри Лондон барои таҳқири журналист аз вазифа сабукдӯш шуд» аз Радиои Би-Би-Си истифода шудааст. Хабари мазкур, ки 24 феврали соли 2006 дар Радиои Би-Би-Си пахш шуда буд, дар бораи аз ҷониби мири Лондон Ливингстон таҳқир шудани хабарнигори рӯзномаи «Evening Standard» (стандарти шомгоҳӣ) Оливер Файнголд нақл мекунад. Мири Лондон хабарнигори яҳудиро ба посбони конслагери фашистӣ баробар кардааст. Барои ин амал Комиссияи махсуси ахлоқӣ Ливингстонро ба мӯҳлати 4 ҳафта аз вазифааш дур кард. 13 феврали соли 2006-ум Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо унвони «Дархости бознигарӣ дар парвандаи рӯзноманигори тоҷик» пахш кард.

87


Дар он сухан оид ба қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба эътирози сармуҳаррири рӯзномаи мустақили «Нерӯи сухан» Мухтор Боқизода нисбати ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе меравад. Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарор кардааст, ки парвандаи ҷиноии М. Боқизода оид ба барқдуздӣ аз нав баррасӣ шавад. Сармуҳаррири «Нерӯи сухан», ки ҳамзамон раиси чопхонаи хусусии «Кайҳон» мебошад, барои беиҷозат истифода бурдани барқ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҳкум шуда буд. 16 феврали соли 2006 ҳафтаномаи «Миллат» хабареро бо номи «Боқизода умедвор шуд», ба табъ расонид, ки он қариб ҳамранг ба гузориши Радиои Би-Би-Си буд. 14 феврали соли 2006 Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо номи «Ғанисозии таъсисоти Натанз оғоз шуд» пахш кард. Ҳафтаномаи «Миллат» 16 феврали соли 2006 мухбирномаи «Эрон ғанисозии уранро шурӯъ кард»-ро ба табъ расонд, ки мухтасари гузориши Радиои Би-Би-Си буд. Ҳар ду мавод як хел шурӯъ мешавад: «Давлати Эрон эълом доштааст, ки музокирот бо Русия перомуни тарҳи пешниҳодии ин кишвар феълан баргузор намешавад ва бархе манобеъи диплумотик гуфтаанд…». Вале дар ин ҷумлаи аввали гузориши Би-Би-Си «ҷумҳурии исломӣ» ва дар маводи ҳафтаномаи «Миллат» «Эрони исломӣ» гуфта шудааст. Аксари гузориш қариб ҳарф ба ҳарф гирифта шуда бошад ҳам, вале манбаи он ишора нашудааст. Ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 23 марти соли 2006 низ аз маводи радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си зиёд истифода кардааст. Масалан, хабарҳои «Тоҷикистон –141-ум» , «Рӯзноманигори эронӣ аз зиндон раҳо шуд» (Би-Би-Си.-2006.-17 март.) ва мақолаҳои «Баҳси ҳастаӣ Эронро куҷо мебарад?» , «Роҳи раҳоӣ куҷост?» аз ин ҷумлаанд. Қобили зикр аст, ки мақолаи «Баҳси ҳастаӣ Эронро куҷо мебарад?» ба қалами сардабири умури ҷаҳонии Би-Би-Си Ҷон Симпсон тааллуқ дорад ва он таҳлилест оид ба пажӯҳиши ҳастаии Эрон ва баҳсҳои атрофи он. Дар ҳафтанома ба манбаи мавод ишора шуда бошад ҳам, номи муаллиф навишта нашудааст. Дар мақолаи дигар, ки бо унвони «Роҳи раҳоӣ куҷост?» чоп шудааст, бар акси мақолаи боло номи муаллиф-Акбари Турсон ҳаст, вале манбаи маводро наовардаанд. Мақолаи мазкур дар Радиои «Озодӣ» бо номи «Маҳалгароӣ???» пахш шуда буд. Дар шумораи 16 марти соли 2006 ҳафтаномаи «Зиндагӣ» як чанд хабару

88


мухбирномаҳо аз радиоҳои Би-Би-Си ва «Озодӣ» истифода шудаанд. Саҳифаи шашуми шумораи мазкур пурра аз Радиои Би-Би-Си гирифта шудааст. Дар ин саҳифа мухбирномаҳои «Тоҷикистон дар шохиси озодии кишварҳои ҷаҳон» ва «Вазъи тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Дар ин ҳар ду мавод ба манбаъ ишора шудааст. Ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 6 июли соли 2006 низ аз маводи радиоҳои хориҷӣ ба таври фаровон истифода кардааст. Аз ҷумла, мухбирномаҳои «Бозоварии сагҳои минёб ба Тоҷикистон» (Би-Би-Си.2006.-3 июл), «Фиристодаи СММ СПИД-ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад» ва хабарҳои «Афзоиши хушунатҳо ва ҳушдори Карзай» (2006.-2 июл), «Инфиҷор дар назди кохи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон» (2006.-4 июл), «Духтари Саддом Ҳусейн меҳмони Урдун аст» (2006.- 3 июл), «Таҷлили раҳбари Ал-Қоида аз Абумусъаб Зарқовӣ» (2006.-30 июн), «Истирдоди як муттаҳам аз Русия ба Тоҷикистон» (2006.-30 июн) ва мусоҳибаи «Миллат» ҷони тоза дар пайкари матбуоти тоҷик» (2006.- 4 июн) аз Радиои Би-Би-Си гирифта истифода шудаанд. Мухбирномаи «Бозоварии сагҳои минёб ба Тоҷикистон» аз фаъолияти Маркази минрӯбии Тоҷикистон ва истифодаи сагҳо дар минакобӣ нақл мекунад. Дар мухбирномаи «Фиристодаи СММ СПИД-ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад» сафари намояндаи вижаи дабири кулли СММ доктор Нафис Содиқ ба ҷумҳурӣ ва боздиди ӯ аз Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Чӣ хеле ки аз сарлавҳаҳо бармеояд, хабарҳои Би-Би-Си мавзӯҳои гуногунро фаро мегиранд. Мудири дафтари Би-Би-Си дар Душанбе Сӯҳроби Зиё дар арафаи солгарди таъсиси ҳафтаномаи «Миллат» бо сармуҳаррири нашрияи мазкур Адолати Мирзо мусоҳиб шуд, ки он баъдан бо номи «Миллат» ҷони тоза дар пайкари матбуоти тоҷик» ба табъ расид. Дар ин мусоҳиба оид ба бурду бохти нашрия ва масоили доғи он нақл карда мешавад. Дар ҳамин шумора ҳафтаномаи «Миллат» маводи 5 саҳифаашро (аз 16 саҳифаи умумӣ) аз радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си гирифтааст, ки он ба беш аз 30 фоизи ҳаҷми умумӣ баробар мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамин шумора маводи Радиои Би-Би-Си ба 3 саҳифа ё ба қариб 20 % баробар аст. Бояд гуфт, ки нашрияҳо вақти истифодаи мавод аз радиоҳои хориҷӣ на ҳамеша номи муаллиф ва манбаъро ишора мекунанд. Масалан, ин бештар дар ҳафтаномаҳои «Зиндагӣ» ва «Миллат» ба назар мерасад. Вале

89


ҳафтаномаи «Asia-Plus» ҳамеша манбаи маводро зикр менамояд. Ҳамчунин дар нашрияҳо баъзе маводи радиоҳои хориҷӣ ба тарзи ихтисор ба табъ мерасанд. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки ба ҳисоби миёна 10-15 дар сади маводи ҳар шумораи нашрияҳои «Зиндагӣ» ва «Миллат» аз радиоҳои хориҷӣ, ба хусус аз радиоҳои «Озодӣ» Би-Би-Си гирифта шудаанд. Баъзан ин нишондиҳанда то ба 20 дар сад ва бештар аз он мерасад. Бояд гуфт, ки аз маводи радиоҳои хориҷӣ истифода кардани нашрияҳои хусусӣ солҳои пешин ҳам ба назар мерасид, вале соли 2003 аз шурӯи чопи ҳафтаномаи «Рӯзи нав» он суръати тоза гирифт. «Рӯзи нав» дар паспорти худ менавишт, ки «Дастгирии иттилоотӣ: Радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си, «Садои Хуросон». Ҳоло бошад, ҳафтаномаи «Миллат» чунин менависад: «Дар таҳияи ахбори рӯзнома аз сайтҳои интернетӣ истифода шудааст». Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар ин бора менигорад: «Рӯзнома маводи расонаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷиро истифода мекунад». Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар паспорти худ дар бораи истифодаи маводи расонаҳои хабарии хориҷӣ чизе наменависад. Истифодаи маводи радиоҳои хориҷӣ дар нашрияҳо ду сабаб дорад. Аввалан, бо истифодаи маводи радиоҳои мазкур ҳафтаномаҳо саҳифаҳои худро пур мекунанд. Сониян, нашрияҳо баъзан он маводеро чоп мекунанд, ки аз номи худ наметавонанд ба табъ расонанд. Дар ин ҳол онҳо ҷавобгариро барои чопи чунин мавод аз сари худ соқит карданӣ мешаванд. Мебояд тазаккур дод, ки баъзан матбуот ва радиою телевизиони Тоҷикистон низ иттилои ба худ ва ҳукумат манфиатдорро аз Радиои «Озодӣ» ва Би-Би-Си гирифта, истифода мекунанд. Пас аз баррасии мавзӯи мазкур суоле ба миён меояд: «Чаро радиоҳои хориҷӣ барои бе ишора ба манбаъ истифода бурдани маводашон ба нашрияҳо кор намегиранд?». Албатта, ин сабаб дорад: истифода аз маводи радио дар нашрияҳо теъдоди аудиторияи Радиои Би-Би-Си ва «Озодӣ»-ро зиёд мекунад ва ин ҳамзамон имкон медиҳад, ки таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон фазои бештареро фаро бигирад. Яъне ин барои амалӣ шудани мақсади асосии радиоҳои номбурда, ки тарғибот барои дигар

90


намудани мафкураи аҳолии кишварҳои хориҷӣ ба манфиати худ аст, мусоидат менамояд.

91


ХУЛОСА Дар олами муосир табодули ахбор байни одамон, халқҳо ва давлатҳо ба қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтааст. Матбуот ва радиою телевизион миллионҳо одамонро ба ин ё он ҳодиса ошно карда, ба ташаккули ақоиди ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки радиопропаганда як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати хориҷӣ гардида, давлатҳои абарқудрат таввасути матбуот, радиою телевизион ва маводи чопӣ мафкураи ба худ манфиатдорро ҷабран ба сари мардуми кишварҳои дигар бор мекунанд. Тарғибот ҷузъи асосии сиёсати радиоҳои хориҷӣ аст. Тарғиботи мазкур барои амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бурда мешавад. Тарғибот ва зиддитарғибот мақоми худро дар ҷомеаи демократӣ низ нигоҳ медорад. Агарчи масъулин инро бешармона аз назари аҳли ҷомеа пинҳон медоранд ва танҳо фаъолияти тарғиботии рақибони худро мебинанд . Дар давраи ҷанги ҳамватании Тоҷикистон ва давраи амалӣ гардидани шартҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон Радиои Би-Би-Си дар қатори Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» ва «Садои Хуросон» барои шунавандаҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои нисбатан озоди иттилоъ маҳсуб мешуд. Вале дар ҳамин ҳол ба қавли сиёсатшинос Рашид Ғ. Абдулло ин расонаҳо чандон бетараф набуданд. «Онҳо аслан моил ба инъикоси манофеъи сиёсии нерӯҳое буданд, ки то ноябри соли 1992 бо ҳукумати Р. Набиев ва баъдан бо ҳукумати Э. Раҳмонов дар ҳолати мухолифат қарор доштанд… Ҳимояи манофеъи нерӯҳои мухолиф бо ду роҳ сурат мегирифт. Аввалан, тавассути ба тарзи фаровон ва хушбинона мутталеъ сохтани мардуми Тоҷикистон аз фаъолиятҳо ва мавқеъгириҳои сиёсии онҳо. Сониян, аз тариқи мавқеъгирии басо танқидона нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон» . Воқеан ҳам, радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си дар инъикоси воқеаҳои Тоҷикистон мавқеи хосе доранд. Ба қавли профессори тоҷик И. К. Усмонов «пайдоиши афкори умум дар бораи Тоҷикистон дар байни онҳое, ки Тоҷикистонро надидаанд, аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти онҳо вобаста аст» . Қобили зикр аст, ки ҳини дар як мавзӯъ пахш кардани матлаб, радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си нисбат ба ВАЭ-и Тоҷикистон бештар ва пурра маълумот медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, лаҳни Радиои Би-Би-Си нармтар буда, ба гуфти депутати Думаи давлати Русия Ф. Чуев он нисбат ба

92


радиоҳои «Озодӣ» ва «Садои Америка» объективӣ аст . Чӣ хеле ки қаблан гуфтем, аввали соли 2006 –ум Би-Би-Си пахши барномаҳояшро ба 10 забон кам кард. Вале ба ин гурӯҳ барномаҳои бахши русӣ дохил нашуданд. Дар шароити имрӯза, ки матбуоти озоду демократӣ дар Россия пайдо шудааст, суоле ба миён меояд, ки пахши барномаҳои русии Би-Би-Си чӣ зарурат дорад? Ин суолро Владимир Толц, мухбири Радиои «Озодӣ» дар мусоҳиба бо Фрэнк Уилямс, собиқ хабарнигори Радиои Би-Би-Си мепурсад. Ф. Уилямс мегӯяд, ки воқеан ин суол аст. Ман хурсандам, ки ҳоло он ҷо кор намекунам, зеро вазифаҳои Би-Би-Си дар чунин ҳолат хеле мушкил аст. Он вазифаи маърифатие, ки мо он замон мекардем, амалӣ гардид. Акнун гумон мекунам бояд вазифаи журналистиро адо кард. Мо дар камтарин ҳолат ҳам бояд ба ташаккули журналистикаи нав дар Россия кӯмак бикунем . Дар Тоҷикистон тӯли 6 соли охир як қатор радиоҳои хусусӣ аз қабили «Тироз» дар Хӯҷанд, «Азия плюс», «Ватан», «Русское радио «Ориёно» дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтанд, ки ба мавҷи FM барнома пахш мекунанд. Мавҷи радиоҳои мазкур ба ғайр аз «Русское радио «Ориёно» ҳудуди 20 -25 километр, яъне макони мустақари худ — шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва атрофии онро фаро мегиранд. Аз ин рӯ, онҳо ба қисми зиёди аҳолии кишвар дастнорасанд. Аз ҷониби дигар, формати радиоҳои мазкур ахбору мусиқӣ буда, онҳо наметавонанд зидди таҷоҳуми таблиғотии радиоҳои хориҷӣ истодагарӣ бикунанд. Қобили зикр аст, ки ҳоло Радиои Тоҷикистон ҳар шабонарӯз 54 соат барнома пахш мекунад. Радиои ҷумҳурӣ аз 3 канал иборат буда, канали якум аз моҳи августи соли 1998 шабонарӯзе (24 соат) барнома пахш мекунад. Гуфторҳои барномаи якум хислати умумӣ дошта, матолибаш ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад . Канали дуюми радио барномаи вижавӣ буда, дар навбати худ ба ду бахш ҷудо мешавад: а) гуфторҳо барои мамлакатҳои хориҷӣ, ки аз барномаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва адабӣ -мусиқӣ иборат аст. б) гуфтори «Фурӯғи Ориёно» аз соати 10.00 то соати 16.00 ҳамарӯза 6 соат пахш мешавад. Дар ин барномаи иттилотию таълимӣ ва мусиқӣ ҳар ним соат 3 дақиқа ахбори мавзӯӣ ва боқӣ оҳангу тарона ё маводи таълимӣ садо медиҳанд.

93


Канали сеюм, ҳар рӯз 8 соат барнома пахш мекунад. Вай хислати сабти стереоиро дорад ва равишаш барномаҳои адабӣ-бадеӣ мебошад. Аз моҳи январи соли 1999 дар заминаи ин барнома гуфторҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ ва ӯзбекӣ садо медиҳанд. Қобили зикр аст, ки аз моҳи январи соли 1999 дар асоси шӯъбаи шаҳрии Радиои Тоҷикистон радиои пойтахт бо унвони «Садои Душанбе» таъсис ёфт. Бахши мазкур ҳар рӯз 8 соат барномаҳои иттилоотӣ, иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ дорад, ки аз соати 8.00 то соати 16.00 мустақиман пахш шуда, баъдан аз соати 16.00 то соати 24.00 такроран садо медиҳад. Мутаассифона, имрӯз барномаҳои Радиои Тоҷикистон ба талаботи рӯзафзуни шунавандагон ва замони муосир бозгӯ нест. Аз як тараф, мазмуну мундариҷаи барномаҳо сустанд ва дар дараҷаи пасти касбӣ омода шудаанд. Аз ҷониби дигар, барномаҳо хеле дарозу дилбазананд. Вақти барномаҳо ва услуби таҳияи онҳо дар қолаби давраи шӯравӣ боқӣ мондаанд. Масалан, барномаҳои таҳлиливу публитсистии Радиои Тоҷикистон 40 дақиқа садо дода, дар онҳо асосан як ё ду мусоҳибаи дарозу дилбазан пахш мешаванд. Шунавандаи имрӯза, ки имконияти шунидани радиоҳои дигарро дорад, ба чунин барномаҳои дилбазан мутаваҷҷеҳ нашуда, гӯшаки радиоро ба дигар сӯ тоб медиҳад. Махсусан дар минтақаҳои сарҳадӣ — навоҳии Шаҳритӯсу, Қубодиён, Носири Хусрав, Турсунзода ва вилояти Суғд, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсояанд, радиоҳои ӯзбекии ин кишварро бо майли том гӯш мекунанд. Қисми дигари аҳолӣ радиоҳои «Озодӣ», Би-Би-Си, «Садои Америка», «Радио России», «Садои Хуросон», «Мавҷи Олмон» ва ғайраро гӯш мекунанд. Радиоҳои номбурда албатта, дар баробари пахши барномаҳояшон ҳадафҳои сиёсии давлатҳои худро пиёда мекунанд. Барои аксуламали таблиғотии радиоҳои хориҷӣ Радиои Тоҷикистонро мебояд, ки пахши барномаҳояшро барои хориҷа тавсеа бахшад. Барои ин дар навбати аввал, бояд аз сиёсати имрӯзаи пахши барномаҳо ба хориҷа, ки мероси даврони шӯравӣ буда ба Афғонистон ва Эрон нигаронида шудаанд, бояд даст кашид ва усули корро дигар кард. Дуввум, барои муаррифии сиёсати давлати Тоҷикистон, фарҳангу дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ барои шунавандаҳои кишварҳои хориҷӣ тавассути бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон пахши барномаҳоро ба забонҳои кишварҳои абарқудрат-англисӣ, немисӣ,

94


франсавӣ, хитоӣ, испанӣ ва арабӣ ба роҳ мондан зарур аст. Ҳамчунин пахши барномаҳоро барои кишварҳои ҳамсоя ба забонҳои ӯзбекӣ, ӯйғурӣ (барои музофоти Синзян-Уйғури Хитой), урду, қирғизӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ (барои Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон), ҳинду ва сарикӯлӣ (тоҷикони Хитой) ҷорӣ кардан мувофиқи мақсад аст. Бояд гуфт, ки аз тариқи радиои умуҷумҳуриявӣ пахш кардани барномаҳо ба забонҳои халқҳои кишвар — ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва русӣ низ дар тарғиби сиёсати давлат муфид аст. Зеро агар аудитория ба забони модариаш барномаро гӯш бикунад, таъсири он нисбат ба забони ғайр бештар аст. Дар ҳамин ҳол на танҳо иттилоот, балки пахши барномаҳои таҳлиливу публитсистӣ ва барои ҷалби бештари шунавандаҳо барномаҳои мусиқиву фароғатиро низ ба роҳ мебояд монд. Як нуктаро зикр кардан ҷоиз аст, ки барномаҳои мазкурро ба забонҳои хориҷӣ бояд тоҷикони мафкураашон соф миллӣ омода бикунанд. Қобили тазаккур аст, ки ҷомеа ҳаргиз пеши раванди табодули ахборро намегирад, зеро ин ба марг барорбар аст. Баръакс ҷомеа бар он мекӯшад, ки раванди ғункунӣ ва пахши иттилоъ ҳар чӣ зудтар сурат гирад. Раванди дигаргуниҳо дар ҷомеа бо суръат пеш меравад ва дар ин ҳол омили асосӣ инфраструктураи иттилоотӣ мебошад. Мутаносибан вай метавонад сарчашмаи иттилои созанда ва ё сӯзанда бошад. Дар ҳамин ҳол васоити ахбору таблиғи Тоҷикистон бо пахши иттилоъи сареъу ҳаққонӣ ва беғаразона аз рӯйдодҳои кишвар ба радиоҳои хориҷӣ муқобил истода метавонанд. Ин нуктаро сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғ. Абдулло низ ҷонибдор аст: «… агар он тамоюлҳое, ки имрӯз барои рушди ВАУ дар Тоҷикистон хос аст, минбаъд таҳкиму тақвият ёбанд, ба гумон аст, ки садоҳои беруна бо онҳо рақобат карда тавонанд ». Воқеан ҳам, бояд радиову телевизиони кишвар иттилои мавҷударо аз мавқеи ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа пахш бикунанд, то ки шаҳрвандон худашон битавонанд ба ин ё он рӯйдод назари худро муайян намоянд. Дар акси ҳол теъдоди шунавандаҳои садоҳои хориҷӣ коҳиш нахоҳад ёфт.

95


ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ 1. Артемов В., Семёнов В. Би-Би-Си: История, аппарат, методы радиопропаганды. — М.: Искусство, 1978. — 256 с. 2. Беглов С. И. Внешнеполитическая пропаганда: очерк теории и практики.М.: Высшая школа, 1984.375 с. 3. Беспалов А. Г., Корнилов Е. А., Короченский А. П., Лучинский Ю. В., Станько А. И. История мировой журналистики. – М.: ИКЦ МарТ, 2003. — 432 с. 4. Брусницын Н. Информационная война и безопасность.- М.: Вита -Пресс, 2001.280 с. 5. Вачнадзе Г. Н. Антенны направлены на Восток.- М., 1975.- С. 17. 6. Власов А. И. Политические манипуляции.- М.: Международное отношения, 1982.303 с. 7. Воронцов Ю. В. Дезинформация — это тоже бизнес.-М.: Политиздат, 1965.111 с. 8. Ворошилов В. История журналистики зарубежных стран.- СПб., 2000.- 64 с. 9. Время работать на радио. Современная радиожурналистика в разных жанрах.- М.: Фонд независимого радиовещания, 2002.- 192 с. 10. Горький М. Собр. соч., т. 26. – М., 1953.- С. 296. 11. Горкий М. О литературе. М.: Советский писатель, 1953.- С. 355. 12. Дзялошинский И. Формы и методы работы журналиста с источником информации.-М.: Пульс, 2001. — 40 с. 13. Журналистика и идеология. — МГУ, 1985.184 с. 14. Журналистика и политика. — МГУ, 1987.174 с. 15. Журналистика в Таджикистане. Профессионалный справочник для журналистов. – Душанбе: Мир полиграфии, 2006.136 с. 16. Инструкция по радиожурналистике.- Радио «Свобода»/ «Свободная Европа». – 2002.52 с. 17. КПСС о средствах массовой информации и пропаганды.-2-е изд., доп.М.: Политиздат, 1987.608 с. 18. Лазутина Г. Основы творческой деятельности журналиста.-М.: Аспект Пресс, 2004.240 с. 19. Лайнбарджер П. Психологическая война. – М., 1962. – С. 316-317. 20. Ленин В.И. М.А. Бонч-Бруевичу. Полн. собр. соч. Т. 51. — С. 130.

96


21. Ленин В. И. Удержат ли большевики государственную власть? Полн. собр. соч. Т. 34. — С. 332. 22. Летунов Ю.А. Что скажешь людям: -М.: Мысль, 1980.- С. 11. 23. Лукина М. Современные журналисткие технологии в работе с новостями. – М.: Пульс, 2001. – 40 с. 24. Лукина М. Технология интервью. – М.: Аспект Пресс, 2005.-192 с. 25. Михайлов С. А. Современная зарубежная журналистика: правила и парадоксы. – СПб.: Изд-во Михайлова В. А., 2002.- С. 329 26. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда.-Душанбе: Деваштич, 2005.-182 с. 27. Муқимов М. Радиои BBC дар Ҷанги дуюми ҷаҳон. /Меваи истиқлол. — Душанбе, 2006. -С. 26-30. 28. Нуралиев А. Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ. –Душанбе: Сурушан, 2001. — 224 с. 29. Ошёни булбулон. – Душанбе: Ирфон, 1990.72 с. 30. Панфилов А. Ф. Радиовойна: История и современность. Очерки о внешнеполитической радиопропаганде фашистской Германии, США, Англии и ФРГ. –М.: Искусство, 1984.239 с. 31. Поклад А.Б. Юдина Н.И. Массовая информация: Международное общение или подрывная пропаганда? — М.: Международные отношения, 1987.96 с. 32. Полетаев Э. Рӯзноманигории байналхалқӣ: раҳнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказӣ. — Душанбе, 2005.280 с. 33. Почепцов Г. Информационно – политические технологии.-М.: Центр, 2003.384 с. 34. Радиожурналистика.-МГУ, 2000.478 с. 35. Раҳматов С. Минбари савту калом. — Душанбе: Статус, 2001.- 172 с. 37. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрҳои журналистикаи радио.–Душанбе, 1997. — 48 с. 38. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрҳои журналистикаи радио.– Душанбе: Эҷод, 2005. — 72 с. 39. Саъдулло А., Гулмурод П. Жанрҳои таҳлилии матбуот. – Душанбе, 1994. — 60 с. 40. Саъдуллоев А., Давронов Д., Муродов М. Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист.-Душанбе: Деваштич, 2004. – 128 с.

97


41. СМИ, конфликты и терроризм.-Берлин, 2003.111 с. 42. Смирнов В. В. Жанры радиожурналистики. –М.: Аспект пресс, 2002. – 288 с. 43. Становление духа корпорации: правила честной игры в сообществе журналистов. – М.: Начала пресс, 1995.376 с. 44. Техника дезинформации и обмана. — М.: Мысль, 1978.- 246 с. 45. Теплюк В. М. Свобода и ответственность в деятельности журналиста.Владивосток: Изд-во Дальневосточного университета, 1985.- 74 с. 46. Усмонов И. К. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон.Душанбе: Сино, 2003.64 с. 47. Усмонов И. К. Назарияи публицистика. – Душанбе: Шарқи озод, 1999.100 с. 48. Усмонов И. К. Печать и международная пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.120 с. 49. Усмонов И. К. Журналистика. Қ. 1.-Душанбе: Империал –Групп, 2005.480 с. 50. Фихтелиус Э. Десять заповедей журналистики.-Вэрнамо, Швеция, 2003. – 155 С. 51. Цыганков В. Медиа-терроризм. Терроризм и средства массовой информации.Киев: Ника-Центр, 2004.122 с. 52. Шевчик Е.В. Радиодиверсанты. – Минск: Белорус, 1980.- 127 с. 53. Шиллер Г. Манипуляторы сознания. – М., 1980.- С. 19. 54. Шостак М. Репортёр: профессионализм и этика.-М.: РИП-холдинг, 2003.-165 с. 55. Ярошенко В.Н. “Чёрный” эфир: Подрывная пропаганда в системе буржуазной внешнеполитической радиовещании. – М.: Искусство, 1986.207 с. 56. BBC. Handbook. . –Lnd., 1966.P. 99. 57. BBC Handbook. . –Lnd., 1973.P. 119. 58. BBC Handbook. . –Lnd., 1974.P. 269. 59. BBC Handbook. -Lnd., 1976. — P. 339. 60. Birt J. John Birt: the harder pats, the autobiography.-Time Warner, 2002. 61. Briggs A. A history of broadcasting in the United Kingdom. Volumes 1-V. Oxford university press, 1995. 62. Briggs A. The war of the Words, vol. 3. -Lnd., 1970.- P. 48.

98


63. Briggs A. Governing the BBC. –BBC, 1979. 64. British Broadcasting Corporation. A-Z of the BBC. –BBC, 1976. 65. Ellul J. Propaganda. The Formation of Men’s Attitudes.-N. Y., 1966.- P. 53. 66. Kats D. Britain Speaks. Propaganda by Short Waves. -Princeton, 1942.- P. 120-121. 67. Lippman W. Public Opinion. -New — York, 1961.- P. 95. 68. Martin L. J. The International Propaganda.-Minneapolis, 1958.- Р. 35-36. 69. Merton R. Social Theory and Social Structure. – Glencoe, 1957.- P. 527. 2. САРЧАШМАҲО 70. Абдулло Ғ. Рашид. Тоҷикистон рӯи мавҷҳо.//Миллат.-2006.-1 июн. 71. Азия освобождается от доллара.//Взгляд.-2006.-7 май. 72. Ашраф Гани критикует западные неправительственные организации. //Афганистан.Ру.2006. — 28-феврал. 73. Аҳмадинажод М. Нома ба Ҷорҷ Буш.//Тоҷикистон.- 2006.- 18 май. 74. Баёния дар бораи қатъи пахши барномаҳои Би-Би-Си.// Радиои «Озодӣ».-2006.-18 январ. 75. Барбан Ефим. И никаких расследований! //Московские новости.-2004.-11 июня. 76. Барот Ф. Ба Елизавета кӯмак кунед.//Радиои «Озодӣ». –2006.- 15 май. 77. Беҳрӯзи Забеҳулло. Матбуот дар шароити ҷаҳонишавӣ.// Миллат.2006.16 март. 78. Би-Би-Си: снаружи и внутри.// bbcrussian.com.-2006.-24 марта. 79. Би-Би-Си – соучастница террористов? //rjews.net/maof/-2005.-10 июля. 80. Би-Би-Си телевизиони арабӣ роҳ меандозад. // Миллат- 2005, 10 ноябр. 81. Боглевска О. Визит до штаб-квартиры Би-Би-Си. //Медиареформ.-2005.24 января. 82. Бреффнӣ О. Рурк. Ӯзбекистон-омили ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ.// Радиои «Озодӣ».-2006.30 март. 83. Буш мегӯяд, истифодаи нерӯ зидди Эрон ҳатмӣ нест.//Радиои «Озодӣ».2006.11 апрел. 84. Бушуева Н., Волков В. Журналисты попали в заговорщики.//Asia-Plus.2005.6 октября. 85. Буш-хаус: Дом с историей.//bbcrussian.com.-2003.-24 октябр. 86. Вам отвечает директор всемирной службы Би-Би-Си.//bbcrussian.com.2004.-17сентября.

99


87. Вести.//РТР.-2006.-23 марта. 88. Встреча президента с журналистами.//Телевидение Россия.-2001.-18 июля. 89. Глубокое изучение Би-Би-Си.//HonestReporting.com. –2002.-12 июня. 90. Грозин А. Новая стратегия США в Центральной Азии.// РИА Новости.2006. –3 апреля. 92. Гросс Т. Би-Би-Си: искаженное восприятие реальности. //www.evrey.com.-2004.-13 декабря. 93. Грузия освободит Белоруссию.// Взгляд.-2006.17 марта. 94. Дмитриев Л. Документальное искусство.//Советское Радио и телевидение.-1967.№ 7.С. 17-18. 95. Дмитриева О. Би-Би-Си Потеряла голову.//Российская газета.-2004.- 2 февраля. 96. Доклад о будущей войне.//Взгляд.-2006.15 май. 97. Евстафев Г. В воздухе Ирана пахнет грозой.//РИА Новости.-2006.-13 апреля. 98. Заговор против Лукашенко.//Взгляд.-2006.-1 марта. 99. Зиё С. Ҷойгоҳи Би-Би-Си дар ҷаҳони хабар //Нерӯи сухан.-2003.- 13 март. 100. Исматова Д. Шафқати Раҷабиён: Як каф хоки ватанро ба Лондон бурдаам.//Зиндагӣ-200520 октябр. 101. Исфандиёров Ҷ. Тӯфон дар биёбон.// Тоҷикистон. –2006.-12 январ. 102. Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря. 103. Карп М. «Свобода» или «Завтра», что нужнее иранцам?//Би-Би-Си. 2003.31 января. 104. Киргизова А. Америка заступилась за BBC.// Asia-Plus.-2006.-26 января. 105. Кожевникова Е. BBC дали срок. Слишком короткий.//Asia-Plus.-2006.19 января. 106. Кожевникова Е. Медведь откусил ребенку руку.//«Asia-Plus». 2006.- 11 мая. 107. Конгресс США переоценил друзей Тегерана.//Комерсант.-2006.-17 марта. 108. Корпартоии кормандони Ширкати радио ва телевизиони Би-Би-Си. //Тоҷикистон.2005. -26 май.

100


109. Корпорация BBC направила запрос властям Ирана с требованием восстановить доступ к сайту BBCPersian.com.// Lenta.ru.-2006.-25 января 110. Курбанов И. Р. Сафаров: США боятся в Иране не ядерной бомбы, а нефтяной.//Авесто.-2006.-27 марта. 111. Қатъи барномаҳои Би-Би-Си дар Тоҷикистон рӯи мавҷиFM.//Садои Хуросон.-2006.-12 январ. 112. Лос-Анҷелес таймс: Афганские власти просят денег у наркобаронов.//ЦентрАзия.-2006.-16 марта. 113. Лукашенко назвал Буша «террористом номер один».//Рейтер.-2006.- 19 марта. 114. Маъмурзода Н. Баҳси қатъи барномаҳои Би-Би-Си идома дорад.// Радиои «Озодӣ».-2006.27 январ. 115. Мирзо А. Садои пойи шикастаи истеъмор.//Миллат.-2006.- 4 май. 116. На «голубую революцию» в Белоруссии потратили $ 12 млн.// Взгляд.2006.-31 марта. 117. На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.- 26 марта. 118. Национальная сеть радиовещания Таджикистана.//Радиф Инфо.-2006.3 февраля. 119. Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005. № 337. 120. Новое руководство Би-Би-Си извинилось за допущенные корпорацией ошибки в истории с Дэвидом Келли.// РИА Новости.-2004.- 30 января. 121. НОЧПУ Узбекистана требует у Т. Блэра возместить ущерб за «провокационные действия» Посольства Британии в Ташкенте.//ЦентрАзия.-2006.-1 января. 122. Односторонние заголовки Би-Би-Си.//HonestReporting.com. –2002.-15 декабря. 123. Осипов В. Ключи Би-Би-Си.//Журналист.- 1968.- № 5.- С. 57. 124. Пирназаров Н. В Таджикистане приостановлено вещание Радио БиБи-Си на FM частоте.// Авесто.-2006.-19 января. 125. Пирназаров Н. Корреспондент Би-Би-Си должен был поставить в известность МИД страны.// Авесто.-2005.-27 декабря. 126. Планы ЦРУ раскрыты…//Правда.Ру.-2005.28 ноября. 127. Поляков А. США в Афганистане и уроки для Центральной Азии.

101


//ЦентрАзия.-2006.-6 апреля. 128. Почему мир не отреагировал на преступления?//ЦентрАзия.-2006-14 марта. 129. Путин В. Вести недели.//РТРК.2006.14 мая. 209. Радиои Би-Би-Си.1990-2006. 210. Руководство BBC извиняется за публикацию лживых материалов. //HonestReporting.com. –2004.-19 марта. 211. Саидазимова Г. Дафтари Радиои «Озодӣ» дар Тошканд баста шуд.// Радиои «Озодӣ».-2005.-13 декабр. 212. Сайти форсии Би-Би-Си дар эрон масдуд шуд.// Радиои Би-Би-Си.2006.-25 январ. 213. Самиев С. Таджикские штрихи к плану США по свержению режимов на пространстве СНГ. // ЦентрАзия.-2006.-16 марта. 214. Сафар Т. Нақши нокофии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ.//Радиои «Озодӣ».-2006.-11апрел. 215. Сафири Бритониё нигарон аст.// Миллат. –2006.- 26 январ. 216. Скрытая пропаганда.//Взгляд.-2006.-16 февраля. 217. События 13 мая 2005 года финансировались семьей Максуди. //Forum.msk.ru.-2006.-10 март. 218. Сотрудники британской вещательной корпорации проводят забастовку в знак протеста против планируемых увольнений.//Радио «Свобода».-2005.-23 мая. 219. Тольц В. Есть обычай на Руси…//Радио «Свобода».-2004.-20 ноябр. 220. Узбекистан ограничил деятельность иностранных корреспондентов. // Рейтер.-2006.-16 марта. 221. Умарова А. BBC дар FM хомӯш шуд.// Миллат.-2006.- 19 январ. 222. Умарова А. Чаро Боқир Муин аз Би-Би-Си рафт?! //Зиндагӣ- 2005- 19 январ. 223. Умаров С. Доклад на конференции по защите правозащитников в г.Вене.//ЦентрАзия.-2006.-2 апрел. 224. Усмонов И. К. Дастгоҳи гумроҳкунӣ.// Адабиёт ва санъат, 1986.- 14 август. 225. Финкельштейн Э. Русские голоса в зарубежном эфире.//Знамя.- 1996. №7.С. 179192. 226. Хавличек Ф. Конец глушения. // Новое время.- 1989.- № 19.

102


227. Ципко А. Тупики демократии- содержанки. Запад финансирует только «правозащитников — Смердяковых» //Известия.-2006.-27 февраля. 228. Чем объясняется гонения на иностранные организации в Узбекистане.? //Радио «Голос Америки».-2006.-31 марта. 229. http:/news.bbc.co.uk/hi/russian/uk/newsid. 200525 October. 230. http://www.dn.kiev.ua/politic/world/usa_07.html. 231.Iran-war with using the nucleus weapon? //The Guardian.-2006.- 11 April. 232. Michael Mainville. Why Uzbekistan is pressing daun foreign missionaries.//The Washington Times. – 2006.9 March. 233. Protect BBC.//Observer.-2004.12 December. 234. Taheri A. The Iranian bombs. Key-in Russia.//New York Post. –2006.-14 April. 235. http://www.bbc.co.uk/info. 236. http://www.old.grani.ru/war.-2001.-9 October.

103


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.