Javonon №11 (9333), 13 марти соли 2014

Page 12

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

12

гӯштини тарзи озод

футбол

Николай Ноев дар Муғулистон медали биринҷӣ гирифт Николай Ноев, варзишгари кишвар, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод «Mongolia Open-2014» медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки маротибаи чорум баргузор шуд, наздики 200 гӯштингир аз 11 кишвар - Булғористон, Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Чин ва Ҷопон ширкат доштанд. Варзишгарон барои медалҳо дар ҳашт вазн рақобат карданд. Николай Ноев ягона намояндаи кишвари мо буд. Вай дар вазни то 57 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Ҷ. Баярхуу аз Муғулистон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ

аз Ясухиро Инабаи ҷопонӣ мағлуб гашт. Бо вуҷуди ин, Н. Ноев имкон пайдо кард, ки барои медали биринҷӣ мубориза барад. Ӯ барои ҷойи сеюм бар гӯштингири муғул Б. БатЭрден ғолиб омад. Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар вазн ҷоизапулӣ ба маблағи 1500 доллар, барои ҷойи дуюм - 1000 ва барои ҷойи сеюм 500 доллар супурда шуд. Дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон – Муғулистон ҷойи аввал, варзишгарони Русия ҷойи дуюм ва дастаи Чин ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

муҳорибаи омехта

10 медал аз Теҳрон

Мубориза барои Ҷоми ФФТ идома дорад Даври финалии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Барои дарёфти ҷом 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат мекунанд.

кадр

Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи кушода 560 варзишгар аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 варзишгар шомил буд. Рақобатҳо мувофиқи синни варзишгарон дар ду гурӯҳ – 15-18сола ва аз 18-сола боло баргузор шуданд. Дар сабқати наврасон Убайдулло Раҷабов (60 кг) ва Мӯҳсин Каримов (65 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар сабқати калонсолон Олим Сафаров (82 кг) ва Артур Одилбеков (86 кг) медали тилло ба даст оварданд. Инчунин, Артур дар вазни мутлақ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва боз як медали тилло гирифт. Фаррух Шарофов байни калонсолон (56 кг) ва Қиёмиддин Раҳмонзода миёни наврасон (56 кг) барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Солеҳ Ҳасанов (95 кг), Худойдод Раҳмонов (+95 кг) байни калонсолон ва варзишгари ҷавон Фирӯз Каримов (65 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони кишвар акнун ба мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Амрикои Шимолӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки 22-24 март дар Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Зуҳурбек Нурмаҳмадов, Убайдулло Раҷабов, Сӯҳроб Холиқов, Муин Ғафуров, Рустам Боқиев, Аъзам Азизов ва Аъзам Хокиров бо раҳбарии мураббӣ Аҳтам Хокиров намояндагӣ хоҳанд кард.

волейбол

e-mail: javonontj@mail.ru

Донишҷӯдухтарони ДДҚ дар ҷои аввал Бахшида ба Рӯзи модар 5-6 марти соли равон дар толори варзишии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарони макотиби олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар он дастаҳои якум, дастаи донишҷӯдухтарони донишҷӯдухтарони Донишгоҳи Коллеҷи тиббӣ сазовори ҷойи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи дуюм, дастаи донишҷӯдухтарони энергетикии Носири Хусрав, Донишка- Донишкадаи даи энергетикии Тоҷикистон, Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи ва дастаи донишҷӯдухтарони омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа Коллеҷи омӯзгорӣ сазовори ҷойи иштирок намуданд. Мусобиқа чорум гардиданд. тибқи системаи даврӣ баргузор Дар ин бора мудири бахгардида, дар натиҷа, дастаи ши варзиш ва сайёҳии Раёсати донишҷӯдухтарони Донишгоҳи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии видавлатии Қӯрғонтеппа ба номи лояти Хатлон Ҳамза Бобоев итНосири Хусрав сазовори ҷойи тилоъ дод.

Юлдошев ба «ДалеронУротеппа» хоҳад гузашт Фарҳод Юлдошев, дарвозабони ӯзбек, ки айни ҳол агенти озод аст, дар ҳайати дастаи “Далерон Уротеппа” тамрин мекунад. Фарҳоди 33-сола , ки соли 2010 беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон дониста шуда буд, ду мавсими охир дар “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекард. Аз ин пеш ӯ шарафи дастаҳои “Суғдиён” (Ҷиззах), “Андиҷон”, “Динамо” (Самарқанд), “Металлург” (Бекобод), “Вахш” (Қурғонтеппа) ва “Истиқлол” (Душанбе)-ро ҳифз мекард. Ду карат қаҳрамон ва дорандаи Ҷоми Тоқикистон мебошад. Тавре Аҳлиддин Турдиев, сармураббии “Далерон-Уротеппа” дар суҳбат бо хадамоти матбуотии ФФТ гуфтааст, Юлдошев дарвозабони бомаҳорат буда, дар наздиктарин фурсат бо ӯ қарордоди яксола баста хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Энергетик”, “Истиқлол” (ҳар ду аз Душанбе), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Румӣ) ва “Хуҷанд” ва ба гурӯҳи “Б” тимҳои “Хайр” (Ваҳдат), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Равшан” (Кӯлоб) ва “Канд” (Конибодом) шомиланд. Даври финалӣ 10 март бо бозиҳои гурӯҳи “Б” шуруъ шуд. Дар вохӯрии аввал дастаи “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Равшан”, ки бо ҳайати дуюм ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Шодмон Тағойзода (дақиқаи 26), Фирӯз Қараев (53) ва Фирдавс Тусматов (73) заданд. Дар бозии дигар тими “Хайр” дастаи “Канд”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 40 Айдох Наполеон кушод. Баъди 7 дақиқа Мирзобек Мирзоев ҳисобро афзуд. Алишер Улмасов дар дақиқаи 69 ва Муҳсин Абдуғаффоров дар дақиқаҳои иловагӣ ду голи дигари дастаи “Хайр”-ро заданд. 11 март бозиҳои гурӯҳи “А” доир шуданд. Дар бозии аввал “Истиқлол” ба дарвозаи “Хуҷанд” се голи беҷавоб зад. Ду голро дилшод Восиев, як голи дигарро Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расонданд. Бозии дигар бо ғалабаи “Энергетик” бар “Панҷшер” бо ҳисоби 7:1 анҷом ёфт. Баъди якум давр дар гурӯҳи “А” “Энергетик” пешсаф аст. “Истиқлол” дар ҷои дуюм, “Хуҷанд” дар мақоми сеюм ва “Панҷшер” дар ҷои охир қарор доранд. Дар гурӯҳи “Б” “Хайр” ҷои аввалро муаррифӣ мекунад. Дар мақоми дуюм “Регар-ТадАЗ” ҷой гирифтааст. “Равшан” ҷои сеюм ва “Канд” мақоми чорумро ишғол кардаанд.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.