Issuu on Google+

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

1

№11 (9333),

13 марти соли 2014

сиёсати ҷаҳон

амният

Ҳукумат ҷиҳати раҳоии Ворух аз анклав тадбир меҷӯяд

Ёвари Президенти мамлакат оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев дар шаҳри Исфара бо аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон мулоқот карда, масъалаи аз ҷазирақаламрав (анклав) берун овардани ҷамоати Ворухро баҳс карданд. Шералӣ Хайруллоев зикр кардааст, ки оид ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон роҳу воситаҳои худро пешниҳод намуда, посухи Қирғизистонро интизор аст.

афсӯс

Амир Қароқулов моро тарк кард

Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон бар асари бемории фишорбаландӣ, баъди як ҳафтаи бистарӣ дар бемористон, дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Академик А. Қароқулов дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, соҳаи чорводорӣ кор карда, тамоми фаъолияташро ба омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва хоҷагидории чорвои гӯштӣ бахшидааст. Марҳум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд.

назар

Таҳдид ба тамомияти арзии Украина

Дастгирии собиқ конгрессмени ИМА аз гидроэнергетикаи Тоҷикистон Собиқ конгрессмени ИМА Дэн Бартон гуфтааст, имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад, ки на танҳо эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ, балки эҳтиёҷоти Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа низ қонеъ карда шавад. Ӯ гуфтааст, чун соли 2014 хурӯҷи нерӯҳои низомии ИМА аз Афғонистон тарҳрезӣ шудааст, таъмини устувори нерӯи барқи Тоҷикистон ба рушди ин кишвар ва мутаносибан вазъи орому босуботи он мусоидат хоҳад намуд.

Толиб Рифоӣ, дабири кулли Созмони ҷаҳонии туристӣ дар меҳмонии гӯшаи Тоҷикистон

e-mail: javonontj@mail.ru

намоишгоҳи туристии «ITB berlin-2014»


«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

2

фарҳанг

Баррасии қонунҳо бо ҷавонон Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино 7 марти соли равон бо иштироки судяи Суди ноҳияи Сино С. Афзалов, мутахассиси Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Н. Ахмедов, сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак П. Сияков, котиб-ҳамоҳангсози Асотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Ҷавонони раванди рушд» А. Фақиров дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумиии №43-и Душанбе бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир шуд.

Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар ЭКО 9-13 марти соли равон дар Галереяи Муассисаи фарҳангии ЭКО, воқеъ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он 20 асари Ҳаким Ҳасан, хаттоти тоҷик, 40 сурати Мижгони Сайёдӣ, аккоси эронӣ, инчунин, ҳунарҳои дастӣ ва мусиқии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрону Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор гардид, намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон, шахсиятҳои фарҳангӣ ва шуморе аз мақомоти сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла, Иф-

тихор Ҳусейн Ориф, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Назрихон Зоиров, фиристодаи вижа ва муовини Сафири Тоҷикистон дар Эрон, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, Дилоро Мирова, вобастаи иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

озмун

Интихоби «Гулдухтарон»-и Хатлон

e-mail: javonontj@mail.ru

вохӯрӣ

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар минтақаҳои Кӯлоб (Кӯлоб, Фархор, Мӯъминобод) ва Қӯрғонтеппа (Норак, Хуросон, Ҷомӣ) ба ифтихори Рӯзи модар озмуни “Гулдухтарон-2014” доир гашт. - Мақсад аз баргузории озмун ба- инова, муовини раиси Кумитаи ланд бардоштани ифтихори миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии наззавқи эстетикии ҷавондухтарон ди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Қиёмиддин ва дастгириву ҳавасмандгардонии Миралиев, муовини сардори Раҷавонони эҷодкор мебошад, - ха- ёсати кор бо ҷавонони Кумитаи бар дод Шаҳзод Раҳимов, мудири ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Фарибахши кор бо ҷавонони Раёсати за Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хат- ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилон. лояти Хатлон иштирок доштанд. Ба иттилои ӯ дар озмун аз Фариза Абдуллоева зимни шаҳру ноҳияҳои зикргардида суханрониаш иброз намуд, ки сенафарӣ ҷавондухтарони 15-25- “имрӯз ҷомеаи мо ба бонувосола иштирок ва аз рӯи шартҳои ни соҳибмаърифату қавиирода “Саломнома”, “Қироъати порчаҳои эҳтиёҷ дорад. Раванди рӯзафзуни шеърӣ дар васфи Тоҷикистон, инқилоби илмию техникӣ тақозо Истиқлолият, модар ва Наврӯз”, менамояд, ки бояд мо -ҷавонон “Ороиши мӯй”, “Омода намудани шахсони ҳаматарафа инкишохӯриш”, “Парпечи кӯдаки навзод” фёфта, босавод, соҳибмаърифату ва “Намоиши сару либоси миллӣ” фарҳангӣ, эҷодкор ва худшиносу бо ҳам рақобат карданд. номбардори миллат ва кишвари Дар озмун Мавсумахон Му- соҳибистиқлоли худ бошем”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар мақомоти фарҳангӣ ширкат доштанд. Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, масъули мизи Тоҷикистон дар раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО хабар дод. “Ҷавонони Тоҷикистон”

ҷавонон ва ҷомеа

Дастгирии ҷавонони эҷодкор

11 март дар ноҳияи Рӯдакӣ, бо ибтикори ТҶ «Олами кӯдакон», дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва рушди эҷодкории ҷавонон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015 дастгирӣ ёфтааст, чорабинӣ бо ширкати доираи васеи ҷавонони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ва масъулини кумита баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки кумита бо мақсади татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ” дар доираи татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдому ташаббусҳои ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста дастгирӣ менамояд. Дар чорабинӣ масъулин ёдовар шуданд, ки мақсад фароҳам овардани шароити мусоид барои рушд ва устувории ҳаракатҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар ва рушди эҷодкории онҳо маҳсуб меёбад.

Иштирокдорон роҷеъ ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ҳамзамон, пешгирии наврасону ҷавонон аз зудухӯрдҳои гурӯҳӣ, ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирӣ намудани худкушӣ миёни наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди истеъмол ва хариду фурӯши мухаддарот ва паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣвенерикӣ, ВИЧ/СПИД ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фикру андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки падару модарон бояд бо мактаб робитаи зич дошта бошанд. Чунки наврасону ҷавонон идомадиҳандаи кишвари маҳбубамон ҳастанд. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро дар роҳи дуруст тарбия намуда, нагузоранд онҳо ба омилҳое, ки боиси ташвиши ҷомеа мегарданд, даст зананд. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино баҳри баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ аз аввали сол дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия чунин вохӯриҳо доир мегарданд. Дар ин бора Аловиддини Аваз, мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

мулоқот

Истиқбол аз «Истиқбол» дар ДМТ Дар арафаи Рӯзи матбуот дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати эҷодии маҷаллаи “Истиқбол” бо роҳбарии шоира Латофат Кенҷаева бо донишҷӯён баргузор гардид. Муаллими калони кафедраи матбуот Қироншоҳ Шарифзода аз ранҷу машаққатҳои Латофат Кенҷаева дар пойдории маҷаллаи наврасон «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») сухан кард ва ёдовар шуд, ки солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ байни чанд рӯзномаи сиёсӣ, ки онҳо ҳам ангуштшумор буданд, «Машъал» ягона маҷаллае буд, ки аз чоп боз намонд. Як ҳарф ё расме барои кӯдакону наврасон таҳия мекард, то ҳадди имкон боғи маънавиёти насли наврасро сабз медошт. - Мо бевосита гувоҳ ҳастем, ки дар бинои Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» муаллима бо вуҷуди набудани барқ, норасоии коғаз ва мушкилоти дигар «Машъал»-ро мунтазам нашр мекард. Хушбахтона, чопи маҷалларо аз сӣ саҳифа то ба дусад саҳифа расонид ва имрӯз бо як перояву ороиши аҷиб дастраси хонандагон мегардад, - афзуд Қ. Шарифзода. Дар қисмати дуюми мулоқот донишҷӯёни факултаи рӯзноманигорӣ ба саволҳои худ посух гирифта, оид ба нақши матбуот дар ҷомеа сӯҳбати озод барпо намуданд. Шоира Латофат Кенҷаева низ қаноатмандию хушнудии худро аз истиқболи гарми устодону донишҷӯён изҳор дошт ва чанд ғазалу таронаҳои баҳориашро ҳадяи ҳозирин намуд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР


9 марти соли равон Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар синни 56 аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, Маршал Фаҳим аз бемории қанд ранҷ мебурд ва чанд маротиба барои табобат ба хориҷ аз Афғонистон рафта буд. Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай марги ноибашро барои Афғонистон «талафоти ҷуброннопазир» унвон карда, се рӯз мотами миллӣ эълон дошт. Муҳаммадқасими Фаҳим, ки д��р гузашта яке аз роҳбарони таъсирдори ҳаракати «Ҷабҳаи Шимол» ба ҳисоб мерафт, тайи панҷ соли охир ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. То ба ин мақом омаданаш ӯ ба ҳайси ноиби сардори ҳукумати муваққати Афғонистон ва вазири дифои кишвараш фаъолият кардааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай дар робита ба даргузашти ноиби аввалаш Муҳаммадқасими Фаҳим барқияи тасаллият фиристода, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Аз ҷумла, гуфтааст: «Ҷалолатмаоби мӯҳтарам. Ба камоли ғуссаву ғам ва андӯҳи фаровон хабари даргузашти давлатмарди бузурги Афғонистони муосир, муовини аввали Раисҷумҳури кишвар, маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро дарёфт намудам. Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд… Дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд. Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод! Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Бояд гуфт, Муҳаммадқасими Фаҳим аз ёрони наздики фармондеҳи шаҳири афғон Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Баъди ҳалокати Масъуд раҳбарии Эътилофи шимол, ки нерӯҳои зидди режими “Толибон” дар шимоли Афғонистонро муттаҳид мекард, маҳз ба дасти Фаҳим гузашт. Муҳаммадқасими Фаҳим, Муҳаммадюнуси Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ ҳар се ҳам пайравони Аҳмадшоҳи Масъуданд, ки дар музокироти декабри соли 2001 дар шаҳри Бонни Олмон барои ба қудрат расидани Ҳомид Карзай мусоидат карданд. Сипас, дар ҳукумати аввали Карзай доктор Абдуллоҳ вазири умури хориҷӣ, Қонунӣ вазири умури дохилӣ ва Фаҳим вазири

Вазири фарҳанг ба “Ҷавонони Тоҷикистон” туҳфа дод Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март зимни як ҷамъомади тантанавӣ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ таҷлил шуд.

дифоъ шуданд. Вале баъдан ҳар се ҳам аз ҳукумат рафтанд. Соли 2009, барои он ки овози тоҷикони Афғонистонро ба даст орад, Ҳомид Карзай Фаҳимро ноиби худ интихоб кард. Зимнан, бояд гуфт, дар чанд соли ахир пайи ҳам чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, ки аксаран аз қавми тоҷики ин кишваранд, ба ҳалокат расонда шудаанд. Аввалини онҳо шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду террористи араб ба ҷонаш сӯйқасд сурат гирифта, кушта шуд. Инчунин, 29 майи соли 2011 генерал Муҳаммад Довуди Панҷшериро ба қатл расонданд, ки низ аз қавми тоҷик буд. 20 сентябри соли 2011 террористон ба собиқ Раисҷумҳури Афғонистон, Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ сӯйқасд намуда, ӯро ба ҳалокат расонданд. Инак, 9 марти соли равон маршал Фаҳим даргузашт. Ҳарчанд сабаби даргузашташ расман бемории қанд унвон шудааст, аммо назарҳо дар мавриди заҳролуд карда шуданаш низ мавҷуданд. Ҳанӯз чанд сол пеш Муҳаммадюнуси Қонунӣ, собиқ вазири умури дохилӣ ва собиқ раиси парлумони Афғонистон даргузашти генерал Муҳаммад Довудро ҳалқае дар занҷири бузургтарин қатли чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон хонда, гуфта буд: «Касоне ба шаҳодат расонда мешаванд, ки салиқаи хоси фикрӣ доранд, ё муҷоҳиданд, ё муқовиманд ва дар ҳар ду бистари боифтихори Афғонистон рӯҳияи зиддитаҷовуз, зидди АйЭсАй (Хадамоти Ҷосусии Покистон) ва зидди Покистон доранд. Пас, суоли асосӣ ба ин шакл матраҳ мешавад, ки оё ин дасти ҷинояткори Толибон аст, ки инҳоро аз мо гирифтанд ва ё дастҳои пушти пардаи дигаре низ дар кор ҳаст, то ин ситораҳои мунтахабро аз чамани ҷиҳоди Афғонистон бигиранд?».

М. САИД, «ҶТ»

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанг журналистон ва аҳолии кишварро, ки муштариёни ВАО-и кишваранд, табрик ва саҳми матбуоти кишварро дар раванди демократикунонии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба як қатор ҳафтаномаҳо - “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Озодагон”, “Халқ овози”, “Миллат”, “СССР”, “Садои мардум” ва собиқадорони матбуот туҳфаҳо тақдим шуд. Дар ин ҷамъомад Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ҳозиринро таҳният гуфт. Дар табрики ӯ, аз ҷумла, омадааст: «Дар давраи ҷаҳонишавии қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ВАО фаъолияти касбии мо рӯз то рӯз аз як ҷониб содда ва аз ҷониби дигар хеле мураккаб гардидааст. Воқеаҳои чанд соли охир дар кишварҳои араб ва Аврупои Шарқӣ нишон медиҳанд, ки принсипҳои журналистикаи ҷаҳонӣ куллан тағйир меёбанд. Имрӯз кӯшишҳои ба фишангҳои идора кардани ҷомеа табдил додан ва сӯистифода аз имкониятҳои ВАО дар ҳалли манфиатҳои сиёсиву минтақавии кишварҳои абарқудрат хеле зиёд шудааст. Баъзе кишварҳое, ки ба мо то имрӯз дарси демократияю озодбаёниро талқин мекарданд, дар аксар маврид худ ин принсипҳоро риоя намекунанд. Ба силоҳ табдил додани ВАО дар ҳалли масъалаҳои манфиатхоҳӣ ба раванди маъмулӣ табдил меёбад. Дар ҷамъомад барандагони ҷоизаи ИЖТ барои соли 2013 эълон шуданд: дар бахши телевизион Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёзода, аз Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, дар бахши матбуот Ҳусейни Нарзулло аз “Садои мардум” ва Гул Шарифов аз маҷаллаи ”Чашмаи ҳаёт”, дар бахши радио Алихон Зарифӣ аз Радиои Тоҷикистон ва дар бахши илм Мирзоалӣ Ҷӯраев аз ҳафтаномаи “Паёми Душанбе”. Озмуни мубориза бо коррупсия низ, ки аз ҷониби Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон гашта буд, ҷамъбаст шуда, ғолибон соҳиби мукофот шуданд. Аз ҷониби ин ниҳод ба як қатор рӯзноманигорон “Ифтихорнома” низ тақдим гардид.

3 «Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

Даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим

ҷашн

ободонӣ

Ҷавонон обод мекунанд 10 март дар Боғи Ғалабаи пойтахт аз ҷониби ҷавонони шаҳри Душанбе 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонда шуд. Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Аббос Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ки ба маросими ниҳолшинонӣ омада буданд, зимни суханронӣ ҷавононро дар пайравӣ ба амалҳои созандагии Президенти мамлакат ба ободкорӣ даъват карданд. Чунин маросим бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Норак низ доир гашт. Кормандони раёсат, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Норак ва ҷавонони маҳаллӣ дар доманакӯҳҳо 1400 бех ниҳол шинонданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

афсӯс


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

4

туризм

50 қарордоди ҳамкорӣ бо ширкатҳои туристии ҷаҳон

Зимни баргузории чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014”, ки аз 4 то 10 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин ҷараён дошт, гӯшаи миллии тарғиботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони масоили туризми ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт.

Кишвари моро дар ин намоишгоҳ, ки фиристодаҳои қариб дусад давлати дунё иштирок доштанд, масъулини соҳоти ба он марбут ва роҳбарону коршиносони 12 ширкати сайёҳӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат – Хатлону Бадахшону Суғду Зарафшон намояндагӣ карданд. Инчунин, бахше аз гӯшаи намоишгоҳи ҷумҳурии моро маҳсулоти тарғиботию ташвиқотии меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе ташкил дод. Ғайр аз ин, ширкатҳои иштирокдошта тавонистанд, ҳамзамон, маҳсулоти туристии дигар ширкатҳои ватании дар намоишгоҳ ҳузурнадоштаро, ки аз буклету руқъа, харита ва молҳои зиёди сайёҳию ороишӣ ва туҳфа иборат буданд, пешкаши бинандагон гардонанд. Зуҳри 6 март дар доираи баргузории намоишгоҳ вазирони туризми кишварҳои тарҳи “Шоҳроҳи Абрешим” (ба он ҳоло 31 кишвар дохил аст) зимни як нишаст масоили содда кардани раводиди байни кишварҳоро матраҳ намуданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки хатсайри “Шоҳроҳи Абрешим”, ки аз Тоҷикистон ҳам мегузарад, ба Мероси фарҳангии ЮНЕСКО, Бунёди илму фарҳанг ва маорифи СММ шомил шавад ва ин метавонад барои ташвиқу тарғиби захираҳои сайёҳии мамлакат созгор бошад. Шоми ҳамон рӯз Юрген Климке, вакили Бундестаги Олмон аз бахши тоҷикистонии намоишгоҳ дидан ва бо ҳайати Тоҷикистон дар мавриди роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ гуфтугӯ намуд. 6 март дар гӯшаи тарғиботии Тоҷикистон сӯҳбати дӯстонаи котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ Толиб Рифоӣ бо ҳайати намояндагони ҷумҳурии мо доир шуд. Номбурда, бо вуҷуди серкорӣ, ҳар сол аз гӯшаи намоишии Тоҷикистон дидан намудани худро аз рӯи меҳру самимият ва садоқати беандоза доштан нисбат ба миллати мо арзёбӣ кард. Хуллас, дари намоишгоҳ ҳар рӯз аз субҳ то шом ба рӯи сокинону меҳмонони шаҳри Берлин боз буд ва онҳо имкон доштанд аз гӯшаҳои гуногуни он дидан карда, роҳхати ин ё он ширкати сайёҳиро дастрас намоянд. Намояндагони ширкатҳои туристии мамлакат бо истифода аз ин фурсати муносиб баъди дидору гуфтугӯҳои судманд бо ҳамтоёни қаблию нави худ аз мамлакатҳои гуногун наздики 50 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin» калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соли ҳафтум аст, ки намояндагони кишвари мо дар он бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ширкат мекунанд, ки ин, албатта, ба пешрафти соҳаи туризми кишвар мусоидат менамояд.

Маликшо неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, имомиддин сатторов, сафири тоҷикистон дар олмон ва лочин файзуллоев, муовини аввали раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣдар мулоқоти вазирони туризм

Мулоқот бо вакили Парлумони Олмон (Бундестаг) Юрген Климке


Тавре дар шумораи гузашта хабар дода будем, аз 4 то 8 марти соли равон дар «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ ва саноатӣ бо номи «Армуғон ва туризм» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 40 ширкати бозаргонию саноатӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд. Дар доираи намоишгоҳ, инчунин, мулоқоти соҳибкорони тоҷику эронӣ доир шуд. Баргузории чунин намоишгоҳҳо ба афзоиши ҳаҷми робитаҳои ду кишвари ҳамзабон мусоидат менамояд. Агар соли 2006 ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон 110,1 миллион долларро ташкил дода бошад, соли 2013 ин рақам ба 292,2 миллион доллар расид. Пеш аз пӯшидашавии намоишгоҳ бо чанд тан аз ширкаткунандагони намоишгоҳ мусоҳиб шудем.

Афзоиши робитаҳои тиҷоратӣ ширкати мо зиёд аст. Зеро аз як тараф сифати маҳсулот беҳ бошад, аз тарафи дигар арзонии он таваҷҷуҳи муштариёнро ҷалб месозад. Дар ширкати мо алҳол 65 нафар бо ҷои кор таъминанд. Бо ба кор даромадани корхонаи нав боз чандин нафар соҳиби маош мешаванд.

Фаррухи Мансур, менеҷери ширкати «Тавҳид ва ком»: - Аз иштирок дар ин намоишгоҳ хушнудем, зеро аз ҳисоби соҳибкорони ватаниву эронӣ шарикони зиёди тиҷоратӣ ёфтем. Мо, асосан, маҳсулоти худро аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Малайзия ворид мекунем. Ду моҳ мешавад, ки ба шаҳри Хуҷанд аз шаҳри Истанбули Туркия таҷҳизоти истеҳсоли мармелад овардаем. Баъди пурра ба кор даромадани таҷҳизоти насбшуда мо истеҳсоли зефир, мармелад ва шириниҳои туркиро ба роҳ мемонем. Дар як шабонарӯз 500 кило мармелад истеҳсол хоҳад шуд. Таваҷҷуҳи ширкаткунандагони намоишгоҳ ба воситаҳои шустушӯйи

Фарзоди Ҳумоӣ, мудири бозаргонии саноати пластикии «Ситора»: - Муассисаи мо ба истеҳсоли маснуоти барои корхонаҳои мурғпарварӣ зарурро истеҳсол мекунад. Мо тамоми таҷҳизоти заруриро аз оғоз то анҷом насб мекунем, ки идоракунии онҳо ба таври автоматӣ ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти кор-

хона ба Ироқ, Кувайт, Афғонистон содир мешавад. Намояндагии мо алҳол дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шудааст. Хушбахтона, бародарони тоҷик моро хуш истиқбол карданд. Дар Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли Чин арзон аст, вале сифаташон чандон хуб нест. Маҳсулоти Туркия сифати хуб дорад, вале нархашон гарон аст. Таҷҳизоти вориднамудаи мо ҳам сифати хуб доранд ва ҳам нархашон арзон аст. Чанд нафар бародарони тоҷик аз мо дархост намуданд, ки корхонаи мурғпарварии онҳоро бо ин таҷҳизоти баландсифат муҷаҳҳаз гардонем. Масъуди ҲУСАЙНӢ, мудири бозаргонии корхонаи «Қир Шарқ»: - Корхонаи мо ҳар моҳ 10000 тонна мум истеҳсол мекунанд, ки онро дар соҳаи роҳсозӣ ва сохтмон истифода мебаранд. Маҳсулотро ба кишварҳои ИМА, Туркманистон, кишварҳои Африқо ва Афғонистон содир мекунем. Дар ин намоишгоҳ бо чанд ширкати воридкунандаи маҳсулоти муму қиррезӣ мулоқот доштем. Ширкатҳои роҳсозӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доштанд, зеро маҳсулоти корхонаи мо ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Мо ба таъсисдиҳандагони ин намоишгоҳ арзи сипос мекунем. Зеро чунин чорабиниҳо ба мо имконият фароҳам

меоваранд, ки ҳамкориҳои навро ба роҳ монем.

Муҳаммадризо Тарҳанда, мудири омили ширкати «Портбарқи эрониён»: - Дар хиёбони «Лолазор»-и Теҳрон бозори махсуси фурӯши маҳсулоти барқӣ ҷой гирифтааст. Агар шумо ба ин бозор равед, хоҳед дид, ки талабот чӣ гуна ба маҳсулоти ширкати «Портбарқи эрониён» зиёд аст. Ҳамчунин, дар 32 вилояти ҶИЭ маҳсулоти ин ширкат аз серхаридортаринҳо маҳсуб меёбад. Маҳсулоти ин ширкат ба Ироқу Афғонистон низ содир мешавад. Зимни иштирок дар намоишгоҳ мо тасмим гирифтем, ки дар Тоҷикистон намояндагии ширкатамонро ифтитоҳ намоем. Вақте мардум бо маҳсулоти ин ширкат пурра ошно шуданд, мақсад дорем, истеҳсоли маҳсулотро дар кишвари ҳамзабон ба роҳ монем. Аз мулоқот бо соҳибкорони тоҷик хеле хушҳол шудем.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

5

ТОҶИКИСТОН-ЭРОН

Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

андеша

Адвокатҳои «тиллоӣ»-и Зойиров Бояд тазаккур дод, ки зуҳуроти фиребгарӣ дар миёни баъзе адвокатҳо хеле зиёд ба чашм мерасад. Масалан, Шӯҳрат Қудратов 27 феврали соли ҷорӣ ҳангоми идораи автомашина дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи ронандаи дигар бармехӯрад. Ба ҷои он ки зарари молиро ҷуброн кунад, ронандаи мошини дигарро таҳқир намуда, бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аммо Зойиров дидаву дониста адвокатеро, ки ҳуқуқҳои дигаронро поймол мекунад, ҷонибдорӣ менамояд. Агар Зойиров мехост, ки ба ҳама адвокатҳо кӯмаки хешро дареғ надорад, чаро ҳамин гуна адвокатҳое, ки бо баъзе қонуншиканиҳо ва тақаллубкориҳо даст доштанду гунаҳкор ҳисобида шуданд, барои тасаллои дили онҳо

паёмаке нагуфт? Масалан, чанде пештар адвокат Ш. Назарова бо роҳи фиреб барои ҳалли мусбати баҳси манзилӣ дар суди яке аз ноҳияҳои пойтахт аз М. Раҳимова 3000 доллари ИМА талаб карда, мушкили М. Раҳимоваро бароварда натавонист ва аз баргардондани маблағи гирифтааш саркашӣ мекунад, ки аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуда, бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам гардид. Адвокати ваколатдор Ҷ. Ҷабборовро бошад, бо талаби пора дар ҳаҷми калон дастгир карданд, ки низ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо 50 000 доллар мегирад, вале мушкилашонро ҳал карда наметавонад. Зойиров вобаста ба қазияи ин ду нафар лаб во нанамуд ва изҳоротаке ҳам пахш накард. Вале барои ҳимояи

ҳимоятгари мардумфиреб Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро ба по хезондааст. Чаро Зойиров аз дуи аввала тарафдорӣ накард, вале имрӯзҳо бо пахши садҳо изҳорот аз дуи охир ҷонибдорӣ мекунад? Дар умум, ҳама ҳамкасбони ӯ ҳастандку? Аз ин бар меояд, ки Зойиров ба шахсони дуртар аз худаш таваҷҷуҳ намекунад. Ба нафароне, ки ба гурӯҳи ӯ шомил нестанд, аҳамият намедиҳад, мақсаду мароми онҳоро шунидан намехоҳад ва аз рӯи адолат ба одамон ғамхорона рафтор намекунад. Пас, Зойиров дар пайи воқеаҳо ва нафароне меравад, ки ба ӯ манфиат меоваранд, на ҳамчун сафедкунанда ё адвокат, балки ҳамчун шахси манфиатхоҳ.

Рустам РАҲИМОВ

e-mail: javonontj@mail.ru

Ниҳодҳои қудратӣ баҳри пешрафти давлату миллат ва аз байн бурдани қаллобиву мардумфиребӣ шахсони ба ҷамъият зарароварро дастгир карда, барои ислоҳи онҳо чораандешӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки чанд рӯз пеш кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия адвокат Фахриддин Зокировро бинобар сабаби тақаллубкорӣ боздошт карданд. Аз боздошт шудани адвокати фиребгар роҳбарони баъзе қувваҳо ва созмонҳо сӯистифода карда, худро ба ҷомеа ҳамчун ҳомии ҳуқуқ нишон доданӣ мешаванд. Яке аз онҳо Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зойиров боздошти Фахриддин Зокировро як навъ “ҷанг”-и мақомот алайҳи ҳомиёни ҳуқуқ ва дигарандешон хондааст, ки на ҳақиқат доранду на ба воқеият дуруст меоянд.


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

6

туризм

Панҷакент - шаҳри ҷавонию сайёҳӣ Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Бахусус, дар раванди фаъолгардонӣ, маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати соҳибистиқлол, рушди варзиш ва туризми дохилӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Барои равшан муайян намудани ин самти фаъолият мо бо мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Искандаршоҳ Шодмонов суҳбат оростем.

- Қадамҳои аввал дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» гузошта шуд. Барои татбиқ намудани ин қонун чӣ тадбирҳоро амалӣ намудед? - Соли 2013 дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 40 чорабинии гуногун баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонон баргузор шуд. Соли хониши 2013-2014 4 нафар ба гирифтани стипендияи президентӣ, 4 нафар стипендияи раиси вилоят ва 6 нафар барои гирифтани стипендияи раиси шаҳр мушарраф шуданд. - Бахши муҳими фаъолияти шумо соҳаи варзиш аст. Доир ба ин самти фаъолиятатон ба хонандагон маълумот медодед? - Варзиш аз замонҳои қадим дар Панҷакент машҳур аст. Исботи инро мо дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти қадим дида метавонем. Он ҷо лаҳзаҳои асптозӣ, чавгонбозӣ ва шамшерзаниву гуштингирӣ сабт шудаанд. Вазнбардорӣ ва гӯштингирӣ то ҳол миёни мардуми Панҷакент шуҳрат доранд. Варзишгарони намудҳои зикршуда аз шаҳр на танҳо дар вилоят ва ҷумҳурӣ, балки дар мусобиқоти байналмилаӣ низ ширкат варзида, ба натиҷаҳои намоён расидаанд. Дар намуди варзиши муштзанӣ (бокс) низ намояндагони Панҷакент пирӯз шудаанд. Дар шаҳри Панҷакент ҳоло 2 варзишгоҳ бо зиёда аз 1500 ҷойи нишаст, 23 толори варзишӣ, 196 майдончаи варзишӣ, як мактаби варзишии кӯдакону наврасон, мактабҳои хусусии намудҳои мухталифи варзиш фаъол мебошанд, ки тавоноии қабули хоҳишмандон дар иншооти зикршуда дар як рӯз то 19082 нафар мебошад. Зафар Руҳулов, Сӯҳроб Ҷӯраев дар намуди вазнбардорӣ, Икром Бобоев дар намуди бокс устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Фирӯз ва Сино Рофиевҳо устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар намуди вазнбардорӣ мебошанд. Устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди вазнбардорӣ Ҷаҳонгир Қодиров ва Носир Расулов ва дар риштаи гӯштини тарзи озод Солеҳбой Воҳидов ва дигарон солиёни зиёд шарафи варзиши Панҷакент ва Тоҷикистонро афзудаанд. - Чанд сол мешавад, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи cайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои ҷолиби

сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст. Фаъолияти Бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳии шаҳр дар самти туризм чӣ гуна аст? - Воқеан, ноҳияи Панҷакент яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯду дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои дилрабову камназираш дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Саразм, Панҷакенти кӯҳан, мақбараҳои Рӯдакӣ, Муҳаммади Башоро, кӯҳҳои Фону Арчамайдон ва Чилмеҳроб, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебо ва шигифтангези Кӯли Калон, Ҳафткӯл, музейи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, хонамузейи Лоиқ Шералӣ, қуллаҳои баланду сарсафеди Чимтарға, Арча-майдон, ағбаи Шер сайёҳон ва зиёраткунандагони зиёди ватаниву хориҷиро ба худ мекашанд.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди туризм, бохабар намудани ҷавонону наврасон аз таъриху фарҳанг пайваста кӯшиш мекунад. Дар миқёси ноҳия чорабиниҳои муҳим, аз қабили ташкили саёҳати дохилӣ дар минтақаҳои туристӣ аз қабили тамошои хонамузейҳо, зиёрати мақбараҳо, тамошо намудан аз табиати нотакрор ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии ноҳияи Панҷакент бо иштироки бештари ҷавонону наврасон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Таҳияи варақаҳои иттилоотӣ доир ба намудҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои тамошо ва ба ин васила ҷалб намудани сайёҳон як самти фаъолияти бахш ба ҳисоб меравад. - Ба андешаи Шумо дар ноҳияи Панҷакент кадом намуди туризм афзалият дорад ва барои қабули сайёҳон кадом ташкилотҳо фаъолият мекунанд? - Дар ноҳия туризми фарҳангӣ, экологӣ ва варзиши кӯҳӣ, тиббӣ, этнографӣ ва таърихӣ рушд меёбанд. Дар ин намудҳо барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ роҳнамо дар шакли видеороликҳо ва варақаҳо аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ташкилотҳои марбут ба ин соҳа хизмат мерасонанд. Барои сайёҳон дар ноҳия ташкилотҳои ҶДММ «Саёҳати кӯҳҳои Помир», ҶДММ «Чилмеҳроб», ҶДММ «Кӯҳандиз», ҶДММ «Панҷакент Интур», ҶДММ «Виркан Сайр», ҶДММ «Бозори Вору», ҶДММ «Чимтарға трэвел», ҶДММ “Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч», ҶДММ «Зурмич» ва ҶДММ «Зарафшон мелистик трэвел» хизматрасониҳояшонро хуб ба роҳ монда, ба қабул ва гусели сайёҳон машғуланд.

Мусоҳиб Боҳир РАҶАБОВ

“Қасри Арбоб” макони диданист

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” зери роҳбарии таърихшинос ва осорхонашиноси шинохта Абдувалӣ Шарифов баҳри ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти осорхонавӣ пайваста кӯшиш мекунад. Самараи заҳматҳои эшон аст, ки имрӯз аксари кормандони Осорхонаи миллиро ҷавонони кордону забондон ташкил медиҳанд ва онҳо қодиранд, ки бо забонҳои гуногун, аз қабили русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, ҳиндӣ таърихи миллати худро тариқи пешбурди сайри осорхонавӣ, дастовардҳои дирӯзу имрӯзро баҳри фардои дурахшон муаррифӣ намоянд.

Барои дар сатҳи олӣ омода намудани мутахассисони ҷавон ба фаъолияти осорхонавӣ, бо мақсади шинос шудан бо корҳои экскурсионӣ ва экспозитсияи осорхонаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин, аз наздик шинос шудан бо мавзеъҳои таърихии кишвар, соли 2013 сафари кормандони ҷавони Осорхонаи миллӣ ба як қатор минтақаҳои мамлакат ташкил шуд. Моҳи октябри соли гузашта ба мо муяссар гардид, ки аз мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дидан намоем. Воқеан, ин гӯшаи кишвар бо меҳнати софдилона ва ватандӯстонаи фарзандони барӯмандаш ба як гулистон мубаддал гаштааст. Ба қатори садҳо иншооту иморат ва майдону растаҳои зебо “Кохи Арбоб” низ мисол шуда метавонад, ки тақдири миллати тоҷик дар он ҷо ҳал гашт ва дубора дар ин мавзеи бобаракат миллат зери як парчам ба ҳам омад. Аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҷои намоёни “Қасри Арбоб” чунин шиоре намоён будааст: «Намояндагони мӯҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!». “Қасри Арбоб”-и ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир мебошад. С. Урунхоҷаев маҳз дар замони сардори колхоз буданаш ба шаҳрҳои Москва, Киев сафарҳо намудааст. Пас аз дидани қасрҳои гуногун дар шаҳрҳои номбурда, ҳангоми бозгашт тасмим мегирад, ки барои кормандони колхози худ чунин як қаср бунёд кунад ва ин нияти ӯ соли 1957 бо ба даст овардани ҳосили фаровон ва фоидаи зиёд дар колхоз шурӯъ мегардад. Сохтмони ин кохи таърихӣ соли 1957 оғоз гардида, соли 1967 ба анҷом расид. Қаср аз се қисмат иборат аст. Он дорои толори калони вохӯрӣ, осорхона ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Ин кох бо хусусиятҳо аз омехтаҳои санъати аврупоӣ ва миллӣ сохта шудааст. Саидхоҷа Урунхоҷаев маълумоти олӣ надошт, аммо медонист, ки пурра бо хусусиятҳои миллӣ бунёд намудани ин кох ба сиёсати давлати шуравӣ рост наомада, дасисаҳоро ба миён меорад. Ба ҳамин хотир, қасрро дар омехтагии ду фарҳанг - ҳам шарқӣ ва ҳам аврупоӣ бунёд намуданд. Аммо он санъати миллие, ки дар сақфи биноҳо наққошӣ шудаанд, бинандаро ба ҳайрат мегузорад, зеро наққошиҳо яке ба дигаре тамоман монандӣ надоранд ва хеле зебою диққатҷалбкунанда мебошанд. Макони дигаре, ки ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби нигораҳои арзишманд аз таъриху фарҳанги миллату сарзамин машғул аст, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошад, ки он дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар қисмате аз мавзеи Қалъаи Хуҷанд соли 2006 ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохта шудааст. Осорхона аз панҷ толори намоишӣ иборат буда, дорои се шуъба аст. Аз қабили шуъбаи фондӣ, шуъбаи таърих ва шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 18 ҳазор нигораи таърихию фарҳангиро ҳифз намуда, 5 ҳазораш дар толорҳо ба намоиш гузошта шудааст. Боқӣ дар фонди осорхона маҳфуз мебошанд. Толорҳое, ки бо диарамаҳои махсус доир ба ҳаёти мардум дар асри санг ва аҳди фулузӣ пешкаш гардидаанд, бо санъати баланди рассомӣ ва пайкарасозӣ сохта шудаанд. Инчунин, гӯшае, ки тавассути диарама ба Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, воқеан муҳофизати Панҷакентро аз истилои муғулҳо бисёр моҳирона инъикос мекунад. Ҳамчунин, дигар осорхонаҳои вилояти Суғд, махсусан, осорхонаи «Бобоҷон Ғафуров»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз мавзеъҳои дидании ин ноҳия ба ҳисоб меравад, роҳбарии ин макони таърихиро шогирди худи Бобоҷон Ғафуров Т. Холҷӯраев ба зима гирифтааст. Тавассути нигораҳои ин осорхона бинанда метавонад ба таври пурра аз ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо намояд. Дар даромадгоҳи осорхона гуфтор ва расмҳо аз китоби “Тоҷикон” инъикос ёфтааст. Бояд қайд кард, ки бузургии Бобоҷон Ғафуров дар радифи дигар хизматҳояш офаридани китоби “Тоҷикон” мебошад, ки то ҳол дар илми таърих назир надорад.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД, муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Зӯроварӣ дар оила нишон додани нерӯ, зӯрӣ, тавоноӣ, золимӣ ва ситамгариро дар бар гирифта, он дар мавридҳои гуногун истифода мешавад. Ин кирдори зиддиҳуқуқӣ ва қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Тадқиқоти солҳои охири иҷтимоию психологӣ, асосан, чор намуди зӯровариро дар оила муайян намудаанд. 1. Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила. Ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст. 2. Зӯроварии равонӣ (рӯҳӣ). Он дар оила таъсиррасонии қасдонаи равонӣ-рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб (шантаж) ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин, дигар амалҳои ба ҳамин монанд, ки дар натиҷа, ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад, сар мезанад. 3. Зӯроварии шаҳвонӣ. Кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин, ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила ��одир шудаанд. 4. Зӯроварии иқтисодӣ.

Ин кирдори зиддиҳуқуқии барқасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад. Зӯроварӣ дар оила хилофи раванди таълиму тарбия ва арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва замони муосир ягон умумият надорад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад ба генофонди миллӣ низ таъсир расонад. Илова бар ин, зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири рӯҳӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат кунад. Бо мақсади пешгирии

шаҳрвандӣ дастрас гардид. Қайд намудан лозим аст, ки лоиҳа бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ фаъолият мекунад ва аз ҷониби муассисаи олмонӣ, филиали GOPA дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар ва Вахш татбиқ мегардад. Ба гуфтаи директори Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» Алфредас Забиета, ҳадафи умумии лоиҳа паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила ҳамчун поймолкунии мудҳиштарин ва нангинтарини ҳуқуқи инсон, инчунин, баланд бардоштани савияи маълумотнокии мардум оид ба масоили зӯроварӣ дар оила иборат аст. Барои ба ин мақсад расидан, лоиҳа вазифаҳои худро дорад, ки қарори зайл аст: Дастгирии сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила. - Беҳтар кардани дастрасии

нат дар оила, устувор мондани муносибати хуб дар оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни оила бо шарикони асосӣ ва стратегӣ ҳамкориро идома хоҳад дод, мегӯяд Алфредас Забиета. Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ зимни фаъолият дар сатҳи миллию маҳаллӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, пешвоёни дин, ки шарикони стратегии лоиҳа мебошанд, ҳамкорӣ менамояд. Фаъолияти лоиҳа ва чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои бӯҳронӣ - марказҳои бӯҳрони «Боварӣ ба фардо» дар шаҳри Душанбе, «Ғамхорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ташкилотҳои ҷамъиятии «Маҳбуба», «Дилафрӯз» ва «Ҳамроз» дар ноҳияҳои Бохтар ва Вахши вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

тарафи ҳамшарикони асосии лоиҳа дар як қатор маҳалҳои ноҳияҳои Бохтар ва Вахш дар байни мардон, занон, гурӯҳҳои ҷавонони синну соли тоникоҳ, хонандагони мактабҳои миёна, намояндагони дин, омӯзгорон, ҳамшираҳои шафқат ва нозирони минтақавӣ машғулиятҳои иттилоотӣ доир мешаванд. Дар доираи татбиқи лоиҳа, инчунин, аз тарафи ҳамшарикони асосӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар, Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонон ва сабқати 16 рӯзӣ бе зӯроварӣ амалӣ мегардад. Бо кӯшишу дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 4 ҷаласаи шунавандаҳои ҷамъиятӣ оид ба муаррифии Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва таҳияи Барномаи давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014- 2023» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб баргузор шуд. Инчунин, қобили қайд аст, ки бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи муколима» китоби «Сад саволу сад ҷавоб» бо теъдоди 3 000 нусха ба чоп расид, ки

ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ба хизматрасониҳои баландсифат. - Дигаркунии рафтор нисбат ба зӯроварӣ дар оила тавассути тадбирҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва сабқатҳои иҷтимоӣ. Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа дар доираи се қисмати асосӣ амалӣ мешавад: - Тарғиб ва дастгирии сиёсат. - Хизматрасониҳои ҳамгироёна. - Муошират оид ба дигаргунсозии рафтор. - Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» минбаъд низ бо мақсади пешгирии хушу-

Бештар ҳамшарикони лоиҳа ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила машваратҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва тиббӣ мерасонанд. Аз рӯи омор соли 2013 аз тарафи марказҳои бӯҳронӣ ба 2018 нафар ҷабрдида кӯмакҳои равонию ҳуқуқӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳуқуқшиносони марказҳои бӯҳронӣ дар 85 мурофиаи судӣ иштирок намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои занонро ҳимоя намуданд. Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила татбиқи барномаҳои маърифатӣ-иттилоотӣ нақши муҳим мебозад. Қайд кардан зарур аст, ки аз

дастраси шаҳрвандони ҷумҳурӣ гардид. Чопи ин гуна дастурҳо, мақолаву хабарҳо, гузаронидани симпозиум, семинару конфронсҳо, мизҳои мудаввар, баргузории вохӯриву шабҳои саволу ҷавоб ва татбиқи дигар чорабиниҳо ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат хоҳанд кард. Минбаъд ҳамкории самарабахши лоиҳа бо ташкилотҳои иҷтимоӣ ва мақомоти давлатӣ баҳри беҳдошт ва мустаҳкам намудани муносибатҳои байнишахсӣ ва оилавии шаҳрвандон давом хоҳад ёфт.

Зӯроварии хонаводагӣ чист? ¶

Зӯроварӣ дар оила хилофи раванди таълиму тарбия ва арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва замони муосир ягон умумият надорад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад ба генофонди миллӣ низ таъсир расонад.

зӯроварии хонаводагӣ 19 марти соли 2013 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Дар қабули ин қонун саҳми як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ низ ҳаст. Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) низ яке аз саҳмгузорони қонуни мазкур мебошад. Инчунин, бо ташаббуси лоиҳа Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар шакли китоби алоҳида бо теъдоди 1400 нусха чоп шуда, ба ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ҷомеаи

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Тайи солҳои охир зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлубро дар шаклҳои гуногун қариб дар ҳама оилаҳои тоҷик дидан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки ҳоло оилаи тоҷик дар як давраи сарнавиштсоз қарор дорад ва зӯроварӣ нисбат ба узви хонавода як зуҳуроти манфие ба шумор меравад, ки ба мустаҳкаму устуворшавии он халал мерасонад. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила муҳити носолими рӯҳиро ба вуҷуд меорад ва ниҳоят боиси вайроншавии оилаҳо мегардад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

7

МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

8

Таҳдид ба тамомияти арзии Украина сиёсати ҷаҳон

Ё бозиҳои абарқудратҳо бо чӣ меанҷомад? Таҳаввулоти се моҳи охири Украина нишон медиҳанд, ки вазъи кишвар бо гузашти вақт баръакси интизориҳои мардум рӯ ба бӯҳрон дорад. Бо имзо нагардидани як созишнома байни Иттиҳоди Аврупо ва Украина, ки хашми мардумро овард ва ҳазорон нафар ба хотири рӯ ба беҳбудии кишвар ба кӯчаҳо рехтанд, ҳеҷ интизор намерафт, ки пас аз моҳе кишварро нооромиҳо ва мушкили тамомияти арзӣ ба дунбол дорад. Агар назаре ба таърихчаи оғози ҳаводиси ин кишвар андозем, маълум мегардад, ки дар рӯзҳои нахустини ба майдон рехтани шаҳрвандон ҳукумати марказӣ таваҷҷуҳе ба онҳо накард. Аммо дар идома кор то ҷое расид, ки ҳам ҳукумати марказӣ ва ҳам президент ба тамоми шартҳои гузоштаи мардуми башӯромада розӣ шуданд.

зони ниқобпӯш, ки зоҳиран ба аскарҳои рус монанд буданд, дар гирду атрофи шаҳри Симферопол, маркази Қрим пайдо шуданд. Онҳоро ҷониби Русия дастаҳои худмуҳофиз унвон намуда, мегуфтанд, сарбозони пайдогардида ба нерӯҳои ҳарбии Русия алоқамандие надоранд. Ҳатто мақомоти расмии Кремл онро ба гунае тавтеа маънидод намуданд. Вале ҷониби дигари бозӣ кишварҳои ғарбӣ қонеъ нагардиданд. Дар пайи ворид гардидани нерӯҳои ҳарбии бе рамзу нишон ва таалуқияташон ба кишваре номаълум кишварҳои ғарбӣ аз Русия домангир шуданд. Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, ки аз ҳукумати нави Украина ҷонибдорӣ мекунанд, якбора сари иқдомҳои ҷиддӣ барои берун овардани нерӯҳои Русия шуданд. То имрӯз амалан ягон иқдоми ҷиддиро кишварҳои ғарбӣ ва Амрико дар қиболи Русия анҷом надода-

хотири берун кашидани нерӯҳои Русия аз қаламрави Қрим роҳҳои ҳал меҷӯяд. Амрико ва Ғарб амали Русияро таҷовуз ба қаламрави Украина маънидод мекунанд. Ин дар ҳолест ки Владимир Путин дар як нишасти рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорон иброз дошт, ки онҳо ҳуқуқи ворид намудани нерӯи ҳарбӣ ба Қримро доранд. В. Путин барои гуфтаҳои худ далел ҳам овард. Ӯ мегӯяд, онҳо чунин дархостро аз Виктор Янукович, Президенти собиқ дастрас кардаанд. Виктор Янукович, ки бо миёнҷигарии Ангела Меркел ба тамоми шартҳои мухолифон розӣ гардид, якбора аз Украина фирор намуда, дар Русия пайдо шуд. Русия то ҳол Януковичро президенти қонунии Украина ҳисобида, аз ӯ пуштибонӣ менамояд. Аз мавқеъгирии Русия ва Амрикову Иттиҳоди Аврупо бармеояд, ки дар Украина рақобат ми-

намеҳисобад. Ҳам Сарвазир Медведев ва ҳам Президент Путин дар баромадҳои хеш бо сареҳият изҳор доштанд, ки ҳукумати нави Украинаро бо роҳбарии Ятсенюк расман нашинохтаанд. Ба боварии онҳо амали мухолифин ҳокӣ аз онанд, ки ҳукумати нав бо роҳи табаддулоти давлатӣ ба қудрат расидааст. Кремл изҳор медорад, ки то ҳол президенти қонунӣ, ки аз ҷониби мардум интихоб гардидааст, Виктор Янукович мебошад. Дар ҳамин ҳол Виктор Янукович низ аз рӯзи фирораш аз Украина маротибаи дуюм аст, ки аз Русия изҳорот дода, худро президенти қонунӣ меҳисобад. Ин дар ҳолест ки як қатор кишварҳои ғарбӣ ва Амрико эълон доштанд, ки дигар Януковичро ҳамчун президенти Украина эътироф намекунанд. Аммо дар тозатарин изҳороте, ки 11 март Янукович аз шаҳри Ростови лаби Дон ба рӯзноманигорон медод, таъкид дошт, ки дар баробари пре-

Ин замоне ба вуқуъ пайваст, ки аллакай дер шуда буд. Зеро то ба созиш омадани мухолифин ва ҳукумати марказӣ ҳам аз ҷониби мардуми тазоҳургар ва ҳам аз ҷониби пулис чанд нафар қурбон гардиданд. Ба таври гуногун инъикос гардидани ҳаводиси рӯйдода теъдоди тазоҳуротгаронро ба маротиб афзоиш дод. Зеро ҳам расонаҳои ғарбӣ ва ҳам расонаҳои русӣ ҳодисаҳои дар майдон рӯйдодаро аз дидгоҳи манофеи миллӣ ва геополитикии худ ба аудитория мерасонданд. Дигар ягон шакку шубҳа намонда буд, ки идомаи эътирозҳо миёни ду гурӯҳ: ҷонибдорони Русия ва Ғарбгароён то чанд муддати дигар кишварро ноором нигоҳ медорад. Гарчанде то имрӯз ҷониби Русия ба таври возеҳу равшан аз фиристодани нерӯи низомӣ ба Украина худдорӣ мекунад, расонаҳо аз ворид гардидани 35 ҳазор сарбози рус ба Қрим, ки расман қаламрави Украина ҳисоб меёбад, иттилоъ медиҳанд. Дар лаҳзаҳои аввал сарбо-

анд. Аммо роҳбарияти олии ин кишварҳо бештар аз таҳримҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ болои Маскав сухан мегӯянд. Амрико мегӯяд, ба шахсият ва ниҳодҳое, ки ба истиқлолият ва якпорчагии Украина эҳтиром нагузошта, онро халалдор месозанд, таҳримот ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла надодани раводиди Амрико ба баъзе аз мақомдорони болоии Маскав ва Украина. Ҳамчунин, Амрико аз бастани ҳисобҳои бонкии як қатор шахсиятҳои баландмақоми собиқи Украина иттилоъ дод, ки миёни онҳо собиқ раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ва ёрони наздикаш низ ҳастанд. Аммо дар ҳеҷ ҷое ишора нагардидааст, ки ин таҳримот аз ҷумла, надодани раводид ба кадом соҳибмақомҳои Русия равона гардидаанд. Дар баробари он ки Амрико мавқеи худро дар қиболи талошҳои Русия, ки ба назари таҳлилгарон баҳри ба даст овардани Қрим талош меварзад, баён дошт, Иттиҳоди Аврупо низ ба

ёни абарқудратҳо хеле тезу тунд идома дорад. Ҳар яке аз онҳо ба хотири ҳифзи манофеи миллию геополитикии худ аз василаҳои гуногун кор гирифта, барои ба ҳадаф расидан талош меварзанд. Давлатҳои аврупоӣ хостори демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ҳаводиси дар Украина рӯйдодаро як амали табиӣ унвон мекунанд. Онҳо аз мавқеи ҷониби мухолиф ва акнун роҳбарияти нави Украина пайваста ҷонибдорӣ намуда, омодаанд, кӯмакҳои иқтисодиро ба ин кишвар сарозер намоянд. Ҳатто Амрико эълон дошт, ки омодааст маблағҳои ҳангуфтро барои аз варшикастагӣ наҷот додани иқтисодиёти Украина ҷудо намояд. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо низ аз омодагии худ барои маблағгузорӣ ба Украина дарак дод. Баръакси ҳамаи ин, Русия ҳодисаҳои дар Киев рӯйдодаро як амали ғайри қобили қабул унвон дода, ҳукумати навтаъсиси Украинаро чандон қонунманд

зиденти қонунӣ, ҳамчунин, худро фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар меҳисобад ва бо таъмин гардидани амният ба Киев бармегардад. Дар пайи ором гардидани мавҷи эътирозҳо дар Украина ва ба сари қудрат омадани ҳукумати нав тӯдаи одамон дар шаҳри Симферопол маркази ҷазирақаламрави Қрим, ки то имрӯз дар ҳайати Украина худмухтор ба ҳисоб меравад, ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳукумати марказии Украинаро эътироф намекунанд. Аксари сокинони ин минтақаро, асосан, русҳо ташкил медиҳанд ва онҳо хостори пайваст гардидани Қрим ба Русия мебошанд. Дар ҳамин шабу рӯз дар ин минтақаи кишвар, ки зери нуфузи сарбозони мусаллаҳ ва ниқобпӯши тааллуқияташон ба кишваре номаълум қарор дорад, садҳо нафар русзабон дар кӯча бо шиорҳои ба Русия пайваст гардидани Қрим садо баланд мекунанд. 9 март ҷонибдорон ва мухоли-

фони пайвастшавии Қрим ба Русия дар шаҳри Севастопол бо ҳам задухурд намуданд. Ҷонибдорони русиягаро дар биноҳои асосии Қрим парчами Украинаро поён оварда, ба ҷои он парчами Русияро болои биноҳо барафрохтанд. Сафи эътирозгарони ҷонибдорони пайваст гардидани Қрим ба Русия дар баъзе вилоятҳои дигари Украина низ зиёд шудааст. Дар чанд рӯзи охир дар Донетск ҳазорон нафар ба кӯчаҳо рехта, то ҳукумати шаҳр роҳпаймоӣ намуданд. Онҳо дар бинои ҳукумати ин шаҳр низ парчами Русияро барафрохтанд. Дар ҳамин ҳол вакилони порлумон – Радаи олии Ҷумҳурии мухтори Қрим барои пайвастани Қрим ба Русия розигӣ доданд. Русия низ пас аз ин омодагии худро барои пайваст гардидани он ба Русия мебинад. Вале ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва Амрико аз ин сахт нигарон буда, борҳо эълон доштаанд, ки якпорчагии Украина набояд халадор гардад. Ба ҳар навъе набошад, гуфтан хеле душвор аст, ки ба наздикӣ вазъият да Украина рӯ ба беҳбудӣ меорад. Зеро 16 марти соли равон дар Қрим райъпурсӣ бобати дар ҳайти Русия ва ё Украина боқӣ мондани ин ҷумҳурии худмухтор баргузор мегардад, ки аслан онро ҳукумати марказӣ қабул надорад. Дар ҳамин ҳол, Сарвазири ҳукумати нави Украина Арсений Ятсенюк дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштааст, ки як ваҷаб замини Украинаро ба касе намедиҳад. Аз ҷониби дигар, дар таърихи 25 май интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар ин кишвар бояд баргузор гардад, ки онро собиқ президент Янкукович ғайриқонунӣ меҳисобад. Дигар интригае, ки давоми чанд рӯзи охир абарқудратҳоро ба ташвиш овардааст, ин ба бозӣ ворид гардидани Туркия мебошад. Тоторҳои Қрим, ки дар баробари русҳо аҳолии аксарро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, хостори пайвасатани Қрим ба Туркия шудаанд. Ин барои кишварҳои бозикунанда чандон хуш наомад. Зеро то ҳол равшан нест, ки Туркия дар ин кишвар аз манофеи худ, кишварҳои ғарбӣ ва ё Русия пуштибонӣ мекунад. Ҳанӯз номаълум аст, ки Туркия дар ин бозӣ бо кадом сенария ворид мегардад. Дар ҳамин ҳол интизор меравад 12 март Сарвазири Украина Ятсенюк бо Президенти Амрико Барак Обама бӯҳрони Украинаро баррасӣ кунад. Амрико изҳор доштааст, ки ин мулоқот дар пуштибонӣ аз ҳукумати нав ва якпорчагии Украина сурат мегирад. Тавре маълум мешавад, кишварҳои абарқудрат ба хотири манофеи худ дар Украина то имрӯз ба созиш наомадаанд. Ҳар яке дар навбати худ барои ҳимояи манфиатҳои худ далелҳо ҳам доранд. Ҳанӯз дар бораи ғолибу мағлуби ин бозиҳо гуфтан барвақт аст. Аммо як нукта равшан аст, ки дар ду сангар қарор додани сокинон оқибатҳои хуб надорад. Ин бозиҳо ҳар лаҳза метавонанд Украинаро бо хоку хун бикашад...

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


Тибқи резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эълон шудааст. Хариду фурӯш имрӯз яке аз воситаҳои асосии ба даст овардани маҳсулот ва фоида ба ҳисоб меравад. Вале то чӣ андоза имрӯз истеъмолкунандагон аз ҳуқуқҳои худ бохабар буда, онро ҳимоя карда метавонанд? Дар мамлакат Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои хариди моли (кор, хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагон, фурӯшандагон) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян ва танзим мекунанд. Тибқи Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳудуди муносибати тарафайнро дар вақти хариду фурӯш бо дарназардошти ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар кас муайян менамояд. Истеъмолкунанда кист? Дар шарҳи ин мафҳум дар моддаи 1 Қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” чунин омадааст: “Истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошад, истифода намояд”. Аз ин бармеояд, ки ба ҳайси истеъмолкунанда ҳар шаҳрванд, ки ягон маҳсулотро харидорӣ менамояд, аз хизматрасонии ягон шахси дигар ё ташкилот барои эҳтиёҷоти шахсӣ, рӯзгор ё оила истифода мебарад, шуда метавонад. Дар мавриде, ки шахс ҳамчун истеъмолкунанда баромад менамояд, ӯ тибқи муқаррароти моддаи 3 Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» соҳиби чунин ҳуқуқҳо мегардад: - маълумотро доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин, доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагон, фурӯшандагон) он гирад; - ҳуқуқ ба интихоби озод ва сифати муносиби молро (кор, хизматрасонӣ) дорад; - талаб намудани ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кор,

хизматрасонӣ) расидааст; - ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ; - ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон; - ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда). Риояи қонунгузориро дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ назорат мекунад. Ин сохтор мақомоти идоракунӣ буда, барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи инкишофи бозорҳо ва рақобати соҳибкорӣ, танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои

ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, инчунин, ба соҳибкорони инфиродӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷарима барои саркашӣ аз иҷрои амрияҳо ё барои саривақт иҷро накардани онҳо ба суд даъво пешниҳод кунад. Мақоми зидиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рӯи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд. Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ӯ ҳуқуқ дорад мутобиқи

ян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда даъво пешниҳод намояд. Нисбат ба моле, ки муҳлати кафолат ё муҳлати коршоямиаш муқаррар нагардидааст ва агар нуқсони мол дар муҳлати мувофиқ, вале дар давоми ду соли фурӯхта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар шартнома муҳлати дарозеро пешбинӣ накарда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи мазкурро пешниҳод кунад. Муҳлати кафолати мол аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шуданаш ҳисоб мешавад. Агар рӯзи фурӯхтани молро муайян кардан ғайриимкон бошад, он аз рӯзи истеҳсоли мол ҳисоб карда мешавад. Барои моли

Истеъмолкунанда:

қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои вай табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ масъул мебошад. Вобаста ба назорат ва татбиқи Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар хадамот Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ таъсис ёфтааст. Раёсати номбурда тибқи талаботи қонуни номбурда фаъолиятро ҷиҳати ошкор намудани молҳои дорои сифати номатлуб барои ҳаёт, таъмини бехатарии мол, саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон хатарнок ба роҳ монда, муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои хариди моли дорои сифати муно-

банди 7 моддаи 31 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон даъворо оид ба ҳифзи ҳуқуқи худ ба суди маҳалли истиқомати даъвогар ё маҳалли бастани шартнома ё иҷро намудани он пешниҳод намояд. Моддаи 540 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар натиҷаи аз ҷониби фурӯшанда вайрон кардани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда, ба фоидаи истеъмолкунанда зарари маънавӣ аз ҷониби фурӯшанда ситонида мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ҷуброн шуда, андозаи он аз ҷониби суд муқаррар мешавад. Аз ин модда бармеояд, ки истеъмолкунанда дар баробари зарари моддӣ, ҳуқуқ дорад зарари маънавиро аз фурӯшанда тавассути мақомоти судӣ талаб намояд. Кодекси граждании ҷумҳурӣ

мавсимӣ (пойафзол, либос ва ғайра) ин муҳлатро аз лаҳзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки муҳлати фарорасӣ бо назардошти шароити иқлимии маҳалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, ҳисоб мекунанд. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо масъалаҳои зайл муроҷиат намоянд. Умуман, бояд хотирасон намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмолкунандагон имкониятҳои хубро додааст ва аз он бояд пурсамар истифода бурд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шаҳрвандон дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ мароқ зоҳир наменамоянд, ки ин иқдом ба косташавии мустаҳкамии

сиб, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад. Мақоми зидиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои ошкор гардидани вайронкуниҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба суд муроҷиат намояд, ба манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, аз ҷумла, оид ба қатъи фаъолияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ё фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайронкунии бисёркарата ва дағалонаи ҳуқуқҳои бо қонун

муқаррар намудааст, ки байни истеъмолкунанда (харидор) ва истеҳсолкунанда (фурӯшанда) бояд дар мавриди хариди мол (хизматрасонӣ ё кор), ки маблағи он аз андозаи бо қонун муқарраргардидаи музди меҳнати ҳадди ақал на камтар аз даҳ маротиба бештар аст ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, сарфи назар аз маблағи шартнома, шартнома бояд дар шакли оддии хатӣ баста шавад. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбат ба нуқсони мол, ба шарте ки он дар давоми муҳлати кафолат ё муҳлати коршоямии мол, ки истеҳсолкунанда муай-

ҷомеаи шаҳрвандӣ оварда мерасонад. Дар ҳар сурат, бояд маърифати истеҳсолкунандаву ниҳодҳои хизматрасон ва истеъмолкунандагонро боло бурд, то истеҳсолкунанда, бозору мағоза тавонанд, ба истеъмолкунанда ба таври бояду шояд ва қонунӣ хизмат расонад ва дар навбати худ истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳои худ истифода карда тавонад.

Умия КАМОЛОВА, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

15 марти соли 1961 Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда»ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин ҳуҷҷат муқаррар шуд, ки ҷомеаи истеъмолкунанда ҳуқуқ ба ҳимоя, иттилоот, интихоб ва дар баробари ин, ҳуқуқ ба муроҷиатро дорад.

9

e-mail: javonontj@mail.ru

15 МАРТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

10

одамони сарбаланд (Идома аз шумораҳои гузашта) Дар вохӯрии ниҳоӣ бо паҳлавони маъруфи гурҷӣ Нодар Эвктимишвилӣ ба майдон баромад. Ҳаводорони Нодар Эвктимишвилӣ ҳисоб надоштанд. Зеро онҳо соҳиби майдон буданд ва пирӯзии фарзанди хешро хоста, ба хотираш қарсак мезаданд, дилашро барои ғалаба гарм мекарданд. Бале, мизбонони мусобиқа боварии қатъӣ доштанд, ки медали тилло насиби онҳост. Вале барои паҳлавони гурҷӣ бахти варзишӣ, аллакай, рӯ тофта буд. Дар панҷаи оҳанини паҳлавони тоҷик ӯ мисли химчаи тар тоб мехӯрд. Лаҳза ба лаҳза холҳоро аз даст дода, рӯ ба сустӣ меовард. Шикаст андар шикаст оқибат ӯро пеши паҳлавони баҳодури тоҷик бечора сохт. Ин ҳолат боиси он гардид, ки

худ боварӣ дошт. Бо дили пур ба пеш қадам мезад. Эҳсос мекард, ки он рӯз дур нест... То оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин соҳиби ду медали тилло гардид. Яке аз Мусобиқаи қаҳрамонии Иттиҳоди Шӯравӣ, дигаре аз пирӯзӣ дар Спартакиадаи панҷуми халқҳои ИҶШС. Ин ду дастоварди бузург ӯро ба роҳи орзу наздик оварданд. Дар ҳамон шабу рӯз бисёр сармураббиҳо аз дигар ҷумҳуриҳо хостанд ӯро ба манфиати хеш истифода намоянд. Аммо ӯ хоҳиши онҳоро рад кард, зеро Ватан миллати хешро бисёр дӯст медошт. - Акнун вақти амал расид, писарам, - ӯро гаштаю баргашта таъкид мекард устодаш Яъқуб Яъқубов. - Ту узви дастаи яккачин ҳастӣ. Дар пеш мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон. Ин имтиҳони

дигаре дар пурқувватӣ кам набуданд. Ҳеҷ кас мағлуб шудан намехост. Ҳама дар талоши гирифтани медали тилло буданд. Вале гуфтан мушкил буд, ки он насиби кадом паҳлавон мегардад. Лаҳзаҳои риққатовар дар дили ҳар яки онҳо бардорузан дошт. Ҳа, маълум буд, ки миёни 13 нафар паҳлавон дар вазни 100 кило мубориза хеле шиддатнок сурат мегирад. Аммо Саидмуъмин аз он дилпур буд, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз ӯро на танҳо Яъқуб Яъқубов, Исматулло Абдуллоев, балки пайвандону дӯстонаш мухлисӣ мекунанд. Онҳо мисли ӯ ба сарзамини Белорус бо дили пур омадаанд. Бо умеде, ки бо дасти пуру хотири болида ба Тоҷикистони азиз баргарданд. Танҳо пирӯзиаш метавонад ба дили тамоми мардуми тоҷик шодиву нишот бахшад.

Ҷаҳонпаҳлавон Қиссаи ҳуҷҷатӣ

ӯ пеш аз анҷоми вақт ба мағлубият тан диҳад. Тамоми толорро якбора хомӯшӣ пахш намуд. Гӯё онро касе шикастан намехост. Фурсате пас ҳама ба пой хестанд ва ба хотири пирӯзии паҳлавони тоҷик каф кӯфтанд. Гурҷиҳо ба ҳунару паҳлавонии Саидмуъмин қоил шуда, ӯро мисли бародари хеш оғӯш гирифта, мебӯсиданд, гулдастаҳои тару тоза тақдим мекарданд. Дар ҳама ҳолат Саидмуъминро нангу номус, ғурур ва ифтихори миллӣ нисбат ба Ватан ором намегузошт. Ӯ дар танҳоӣ ҳамеша аз худ мепурсид: «Дар риштаи варзиш гурҷиҳо бо Давид Кипианӣ, Леонид Геодашвилӣ, бразилиҳо бо Пеле, австралиягиҳо бо Сузукӣ, русҳо бо Анатолий Карпов, Василий Алексеев, кубагиҳо бо Теофилло Стевинсон ва чанде дигар ифтихор мекунанд. Пас, мо бояд бо кӣ ифтихор намоем?» Ин саволе буд, ки ӯ барои хеш солҳои дароз ҷавоб меҷӯст. Гоҳо аз дарду алам дар танҳоӣ азият мекашид. Бисёр мехост, ки дар роҳи варзиш миллати мо низ қаҳрамоне дошта бошад. Қаҳрамоне, ки моро ба оламиён муаррифӣ намояд. Дар ин роҳ ӯ ба

ҳалкунандаест, ки аз он бояд бигзарӣ ва ба варзиши тоҷик болу пари ҷовидон бахшӣ. Ҳаводорони варзиши дунё бояд хуб донанд, ки тоҷикон низ аз дигарон кам нестанд. Онҳо ҳам паҳлавони бузургу умедбахш доранд. Саидмуъмин хомӯш гӯш мекард ва дар қаъри дили пурҷӯши хеш мекӯшид, ки ба қадри ҳамаи кӯшишҳо бирасад. Аз ҳама зиёд ҳарфзаниву таъкидҳои тағоҳои паҳлавонаш Сабзаалӣ, Исмоил, Самад ва Қувваталӣ ӯро ором намегузоштанд: «Саидмуъмин, умеди мо аз ту калон аст...» Ба ҳамин хотир, гоҳ дар Майкоп машқ мекарду гоҳ дар Душанбе. Аз тамрин заррае худро дур намегирифт. Дасту панҷаҳои пурқувваташ аз ҳарвақта дида зиёдтар кашиш мехӯрданд. Дар ин лаҳза ӯ дунёи гӯштинро дунёи худ медонист. Шиноваре буд, ки барои ба соҳил расидан аз хеш боварии бузург дошт. Моҳи сентябри соли 1975. Саидмӯъмин Раҳимов ба Чемпионати ҷаҳон бо тайёрии пӯхта ҳозир шуд. Ба пирӯзии хеш боварии қатъӣ дошт. Аммо ҳарифонаш низ, ба қавле, яке аз

19 сентябри соли 1975. Баъди қуръапартоӣ ҳарифи нахустинаш маълум шуд - дорандаи унвони Қаҳрамони ҷаҳон, ғолиби мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ, паҳлавони машҳури Муғулистон Хуланбатор Боямунхӣ. Пас аз садои ҳуштаки довар қувваозмоӣ миёни онҳо оғоз ёфт. Паҳлавони муғул аз оғоз бартарӣ нишон дод ва дар чор дақиқаи аввали қувваозмоӣ тавонист, ки чор холро соҳиб шавад. Бо вуҷуди бартарӣ Хуланбатор Боямунхӣ паст намеомад ва бо тамоми нерӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки аз идомаи гӯштин дур набошад. Дар дил боварӣ дошт, ки бо чор холи хеш тақдири ғалабаро ба фоидааш анҷом медиҳад. Аммо рафти часпу талош якбора дигар шуд. Саидмуъмин нисбат ба ҳариф чун шер дар разм шуд. Бо як ҷасорати ногаҳонӣ наъра зад. Наъраи шеронае, ки он толорро якбора пехш намуд. Бо усули наву нокушодаи хеш ҳарифи пурқувваташро чунон зебо бардошта зад, ки ҳама дар ҳайрат монданд. Ҳисоб 6 бар 5 ба фоидаи Саидмуъмин гардид. Ана, дар ҳамин лаҳза садои ҳуштаки довар аз анҷоми вақти муқаррарӣ дарак дод. Паҳлавонон аз

беҳолӣ дигар имкони ба пой рост истодан надоштанд. Барои ба худ омадан чанд лаҳза интизорӣ кашиданд. Баъдан, Саидмуъмин бо паҳлавони булғорӣ Иван Докторев, дорандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо рӯи майдон омад. Саидмуъмин усули латдиҳиро моҳирона истифода бурда, ӯро маҷбур намуд, ки таслим шавад. Рӯзи дигар паҳлавони номдори амрикоӣ Уайнер Расселро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромад. Акнун барояш лаҳзае фаро расид, ки он тақдири қаҳрамониро ҳал мекард. Дилаш аз пирӯзии бузург дарак медод. Ҳарифи навбатиаш паҳлавони овозадори Ҷопон Т. Фудзиҳара низ дер напоид. Ӯро паҳлавони тоҷик дар 28 сония бо усули латдиҳӣ шикаст дода, ғалабаи бузургро ба даст овард. Ғалабае, ки онро солҳо орзу мекард. Акнун мавҷи қарсаку кафкӯбиҳои мухлисон толори бузурги Минскро тарк намекард. Саидмуъмин рӯи минбари баланд истода, аснои боло шудани Парчам ва танин андохтани Суруди миллӣ чун гул мешукуфт. Устодонаш Яъқуб Яъқубов ва Исматулло Абдуллоев ашки шодӣ рехта, беист кафкӯбӣ мекарданд. Баъди поён ёфтани садои Суруди миллӣ дӯстонаш ӯро оғӯш гирифта, мебӯсиданд. Аз ҷумла, ду карат Чемпиони ҷаҳон Асамбӣ Хапай ба хотири дӯсти ҷаҳонпаҳлавонаш ашки шодӣ мерехт. Ҳамон шом мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тавассути барномаи телевизиони марказии «Версия» ин лаҳзаи фараҳбахшро тамошо карда, аз ғояти хурсандӣ дар куртаи хеш намеғунҷиданд. Хабари Қаҳрамони ҷаҳон шудани Саидмуъмин Раҳимов дар Тоҷикистон чун бод паҳн гардид. Пиру барно ҳамдигарро оғӯш гирифта, шодӣ мекарданд. Охир, қаҳрамонии ӯ қаҳрамонии тамоми миллати тоҷик буд. Он сангест дар даҳони нотавонбинону бадхоҳони миллат. - Чӣ мегӯед, ки бисёр мехостам Қаҳрамони ҷаҳон шавам, - мегуфт бо ифтихор ӯ ба пешвозгирандагон. – Аз ин пеш, соли 1973 имкони хуб доштам, ки ин унвонро соҳиб шавам, лекин дар машқҳои пешакӣ маҷрӯҳ гаштам. Бовар кунед, ғалаба шаҳде дорад, ки танҳо худи ғолиб онро мечашидаасту халос! Ман шукри обу нони Ватан кардам. Шукронаи он ки ба қуллаи орзу расидам. Оре, Саидмуъмин Раҳимов номи миллати тоҷикро дар ҷаҳон вирди забонҳо гардонд. Ҳини бозгашт аз фурӯдгоҳ то хиёбони Рӯдакӣ мактабиён аз ду канори роҳ сару рӯяшро гулборон карданд. Ҳа, ӯ дар ин лаҳзаҳо ғарқи табассум буд. Зеро рисолати хешро дар назди миллату Ватан бо рӯи сурху сари баланд ба ҷо овард. Кореро анҷом дод, ки ҷовидонист. Гӯштин аз ин абармард ном ёфту ӯ аз гӯштин. Ӯ барвақттар метавонист ин қуллаи бузургро фатҳ намояд. Аммо нотавонбинон бисёр вақт дар Маскав ҳамеша садди роҳаш мешуданд. Ба ӯ бо нигоҳи каҷ менигаристанд. Бештар кӯшиш мекарданд, ки барояш монеа ба вуҷуд оранд. Он вақт шикастани девори сангини карахтӣ хеле мушкил буд. Имконияти роҳ ёфтан аз миллатҳои дигар дар мусобиқаҳои бонуфузи дунё осон набуд. Аммо ӯ ҳамаи мушкилиҳоро далерона паси сар карда, ба мақсад расид.

Раҳими Рафеъзод, Самариддин Асозода, «ҶТ»

(Давом дорад)


Варзиш муҳимтарин василаи пайвасти ногусастании рӯҳу ҷисм аст, ки ташаккули он дар худ ба ҳар як инсон эътимоднокӣ дар кору пайкор ва тандурустии комил барои касб кардани муваффақият дар ҳар амале мебахшад. Ин аст, ки варзиш аз писандидатарин машғулиятҳои хостании мардуми мост. Онро гузаштагони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим бо таҷлили ҷашнҳои милии хеш – Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо эҷод ва роҳандозии қувваозмоиҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои таҳкимбахши саломатӣ рушд мебахшиданд. Ҳамин гуна ташаккулу такомули варзиш ба шумули яке аз омилҳои муҳими таъмини саломатии ҷомеа ва мусоидат ба тарзи ҳаёти солим эътироф гардидааст. Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳалли масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад. Бахусус, барои сохтмони варзишгоҳҳо ва мактабҳои махсуси варзишӣ ҳар сол диққати махсус дода, барои ташаккули ҷисму рӯҳи насли нав кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар тақвияти ин ғамхориҳо мо - омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмониро зарур аст, ки масъулияти даҳчанд эҳсос намуда, дар тарбияи насли обутобёфтаи комилан солим саҳм гузорем. Шоистаи зикр аст, ки тарбияи ҷисмонӣ ҳанӯз аз овони хурдӣ шуруъ мешавад. Олимон дар асоси таҷрибаҳо исбот намудаанд, ки аз ҳафтаи аввали ҳаёт ба кӯдак оббозиро нишон додан зарур аст, зеро рефлексҳои онҳо то семоҳагӣ фаъол буда, баъд аз он хомӯш мешаванд. Танҳо баъд аз 4-солагӣ кӯдак метавонад мустақилона супоришҳои мураббиро иҷро намояд. Ин далели қатъӣ исбот месозад, ки тарбияи ҷисмонӣ дар оила то мактаб омадани кӯдакон, аллакай, шуруъ мешавад. Дар оила калонсолон ҳарчи мувофиқи тартиби рӯз кор кунанду ба обутоби узвҳои бадан машғул шаванд, ҳамон андоза намунаи олии омӯзиш ва боиси тақлиди кӯдакон мегарданд. Кӯдак бевосита аз дидаву шунидаҳояш ибрат гирифта, барояш ин таҷрибаҳоро дар ҷараёни зиндагӣ роҳандозӣ менамояд. Бахусус, дар оила гимнастикаи пагоҳирӯзӣ кардан, дар вақташ ғизо истеъмол кардан, кор ва истироҳат намудан, ба обутоби бадан эътибор додан, ба нишасту хест, роҳгардии дурусти фарзандон бодиққат будан манфиат меорад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳар оила барои тарбияи ҷисмонии фарзандон имконият бидиҳад. Муҳим он аст, ки машқҳои ҷисмониро аз хотир на-

бароварда, ҳамарӯза онҳоро иҷро намоянд. Зеро он боис мегардад, ки ахлоқи кӯдак рӯз аз рӯз ва худ аз худ беҳтар гардад. Дар ин раванд мо бояд ба сифат ва шаклҳои омӯзиши табияи ҷисмонӣ аз хурдсолӣ аҳамият диҳем, чунки маҳз варзиш муҳимтарин воситаест, ки қобилияти умумӣ ва хусусии кӯдаконро баланд бардошта, хусусиятҳои муҳофизавиро

вақт ба пуррагӣ барномаи таълимиро аз худ менамоянд ва аз машқҳои варзишӣ огоҳ нестанд. Тадқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дуруст ташкил карда натавонистан ва нагузаронидани ин чорабиниҳои зарурӣ хонандагонро торафт ба камҳаракатӣ оварда мерасонад. Илм дар асоси ташхисҳо собит намудааст, ки хонанда танҳо дар рӯзҳои дарси

ташаккул медиҳад. Дар зиндагӣ баъзан ба воқеаҳое дучор мегардем, ки шахси ҷисман қавӣ ба корҳои ношоям даст мезанад. Беэҳтиромӣ нисбат ба волидайну калонсолон зоҳир намуда, сабаби мазаммати атрофиён мегардад. Ин носолимии маънавӣ ва ботиниест, ки аз тарбияи хонавода ва муҳити носолим сарчашма гирифтааст. Маҳз тарғиби варзиш ва пайваста шуғл варзидани он муҳимтарин омили пешгирикунандаи зуҳуроти номатлуби ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, набояд фаромӯш кард, ки маҳз волидайни рӯҳан ва ҷисман солим метавонанд фарзандони солим ва хушахлоқ тарбия намоянд. Абӯалӣ ибни Сино дар китобаш «Тадбири манзил» чунин овардааст: «Агар модар бемор бошад, шире, ки ӯ ба тифл медиҳад, сабаби бемориву носолимии вай мегардад, падар бадрафтор бошад, рафтори ӯ ба одобу ахлоқи фарзанд таъсир мерасонад». Аз ин хотир, насли имрӯз, писарон ва духтарон, муҳимтар аз ҳама, падарону модарони оянда ин нуктаро бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки дар оянда мебояд фарди ҷисману рӯҳан солимро ба воя расонд, то дорои ҳувияти миллӣ ва ҷасорат бошад. Қобили зикр аст, ки дарси тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳои ибтидоӣ бояд то 50-60 дарсад дар ҳавои кушод гузаронида шавад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ вазифадоранд, ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳавои кушод ба 3 лаҳзаи асосӣ: омодагӣ, асосӣ ва хотимавӣ диққати махсус диҳанд. Қайд кардан лозим аст, ки чорабиниҳои номбаршуда дар баъзе мактабҳо ҳанӯз дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ин шаҳодати он аст, ки бархе аз донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ на ҳама

тарбияи ҷисмонӣ норасоии ҳаракатҳояш то 40% ва дар рӯзҳои дигар то 80% дида мешавад. Инчунин, аз адабиёти махсус ба мо маълум аст, ки барои дарси тарбияи ҷисмонӣ барои як ҳафта 90 дақиқа ҷудо мешавад ва он дар маҷмӯъ 20% талаботи ҳафтаинаи хонандаро қонеъ карда метавонад. Дар синфҳои 1-4-и аксари макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дарси тарбияи ҷисмонӣ аз ҷониби муаллимони синфҳои ибтидоӣ гузаронида мешаванд. Дар баъзе маврид ин дарсҳо ҳатто 20%и талаботи дар боло зикркардаро қонеъ гардонда наметавонанд , ки далолат аз донишҳои тарбияи ҷисмонӣ бохабар набудани омӯзгор то ба ҳадди зарурӣ дарак медиҳад ва ё ба ��арс бо масъулияти ҷиддӣ тасмим намегирад. Як нуктаи муҳим қобили қайд аст, ки дар рафти ин дарсҳо омӯзгорон мебояд ба қазияи хастагии рӯҳӣ ва ҷисмонии кӯдакон аҳамияти махсус диҳанд ва дамгириҳоро саривақт гузаронанд. Хуб аст, ки баъзе муаллимони ботаҷриба машқҳои дамгириро бо сурудхонӣ ва тезгӯякҳо алоқаманд намуда, шавқовар мегузаронанд. Қобили тазаккур аст, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар ин синнусол (6-9) ҷалби кӯдакон ба намудҳои гуногуни варзиш маҳсуб меёбад. Тадқиқоти тиббӣ исбот кардаанд, ки барои пешаи ҳар намуди варзиш, пеш аз ҳама, бояд саломатии кӯдакро мувофиқ ба он ба эътибор гирифт, на ин ки танҳо орзуи волидонро роҳандозӣ кард. Дар зер бароятон аз нозукиҳои маъмултарин намудҳои варзиш маълумот медиҳем. ОББОЗӢ. Яке аз намудҳои хеле маъмул ва манфиатбахши варзиш маҳсуб меёбад. Оббозӣ системаи асабро мустаҳкам

Гулазор САРФАРОЗОВ, омӯзгори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

Ватан ба ҷавонони солим эҳтиёҷ дорад

намуда, барои инкишофи дурусти системаи такягоҳ ва ҳаракат ёрӣ мерасонад, инчунин, нафаскашӣ ва ҳаракати хунро ба танзим медарорад. ФУТБОЛ мушакҳои пой ва камарро инкишоф дода, сифатҳои иродавии шахсро тарбия менамояд. БАСКЕТБОЛ узвҳои босира, вестибулярӣ ва ҳаракатро мукаммал гардонида, функсияҳои системаҳои нафасгирӣ ва дилу рагҳоро баланд бардошта, мутобиқати ҳаракатро ба танзим медарорад. ВОЛЕЙБОЛ аксуламалҳои чобукӣ, аниқият, қаишӣ ва дақиқиятро инкишоф медиҳад. Ҳангоми дар кӯдак вуҷуд доштани бемориҳои дилу раг, диабети қанд машғул шудан ба варзишҳои дар боло зикргардида аз манфиат холӣ нест, аммо машварати духтур ҳатмист. Ин намуди варзишҳо ба кӯдакони дорои бемории сутунмӯҳра, паҳншавии кафии пой ва диққи нафас зарар дорад. ТЕННИС. Он кӯдаке, ки ба ин намуди варзиш машғул мешавад, дар ӯ хусусиятҳои мутобиқати ҳаракат, системаи нафасгирӣ инкишоф ёфта, барои бемориҳои устухондард ва мубодилаи моддаҳо манфиатовар аст. Аммо барои кӯдакони дорои бемориҳои сутунмӯҳра, паҳнии кафии пой, наздикбин зарар дорад ва ҳатман пеш аз он ки кӯдак ба ин намуди бозӣ ҷалб гардад, бояд аз ташхиси духтур гузарад. ЯКҲАРБАҲОИ ШАРҚӢ. Нафаре, ки ба ин намудҳои варзиш машғул мешавад, дар ӯ ҳаракатҳои солимгардонӣ инкишоф ёфта, махсусан, ба кӯдакони аз нигоҳи равонӣ сустинкишофёбанда тавсия дода мешавад. ГИМНАСТИКАИ УШУ ба беморони аз диққи нафас азияткашида ё организме, ки аз вирусҳо заиф гаштааст, хеле муносиб аст. Аммо волидон бояд доир ба шахсияти мураббӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд. Кӯдакони дорои бемории наздикбин ва сактаи дилдоштаро ҳеҷ вақт ба ин риштаи варзиш шуғл варзидан нагузоранд. Риояи ҳатмии ин нуктаҳои зикргашта ба ҳар як падару модар, омӯзгору маориф ва билхоса, аҳли ҷомеа ногузир аст. Ташаккули тарбияи ҷисмонӣ дар кӯдакон танҳо бо роҳи дуруст, озмудашуда ва дурандешона натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоварад. Бояд сарварони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба рӯзҳои варзишӣ, маросимҳои варзишӣ ва ё мусобиқоти варзишии миёни хонандагон диққати хоса зоҳир намоянд, зеро маҳз хонандагони имрӯза варзишгарон ва ё парчамбардорони миллат дар сатҳи байналмилалӣ хоҳанд гашт. Беҳуда намегӯянд, ки шахси ба варзиш шуғлдошта, бешак, ақли равшану дили зебопараст дорад, зеро варзиш инсонро ҳатман ба олами зебоӣ ва тандурустиву комёбӣ мебарад. Ватани азизи мо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҷавонони солим эҳтиёҷи бештар дорад, зеро танҳо бо ҷисму рӯҳи солим зиндагии шоиставу арзандаро бо муваффақиятҳои назаррас метавон ноил гашт. Мо - омӯзгорон, бахусус, мураббиёни фанни тарбияи ҷисмонӣ доимо барои пешбурд ва фаъолияти ҷисмонии кӯдакон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳарчи беҳтару бештар дар онҳо дониш, ҷасорат, малакаву маҳорат, далериву хушахлоқӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ташаккул ёбад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

11

мулоҳиза


«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

12

гӯштини тарзи озод

футбол

Николай Ноев дар Муғулистон медали биринҷӣ гирифт Николай Ноев, варзишгари кишвар, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод «Mongolia Open-2014» медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки маротибаи чорум баргузор шуд, наздики 200 гӯштингир аз 11 кишвар - Булғористон, Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Чин ва Ҷопон ширкат доштанд. Варзишгарон барои медалҳо дар ҳашт вазн рақобат карданд. Николай Ноев ягона намояндаи кишвари мо буд. Вай дар вазни то 57 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Ҷ. Баярхуу аз Муғулистон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ

аз Ясухиро Инабаи ҷопонӣ мағлуб гашт. Бо вуҷуди ин, Н. Ноев имкон пайдо кард, ки барои медали биринҷӣ мубориза барад. Ӯ барои ҷойи сеюм бар гӯштингири муғул Б. БатЭрден ғолиб омад. Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар вазн ҷоизапулӣ ба маблағи 1500 доллар, барои ҷойи дуюм - 1000 ва барои ҷойи сеюм 500 доллар супурда шуд. Дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон – Муғулистон ҷойи аввал, варзишгарони Русия ҷойи дуюм ва дастаи Чин ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

муҳорибаи омехта

10 медал аз Теҳрон

Мубориза барои Ҷоми ФФТ идома дорад Даври финалии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Барои дарёфти ҷом 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат мекунанд.

кадр

Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи кушода 560 варзишгар аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 варзишгар шомил буд. Рақобатҳо мувофиқи синни варзишгарон дар ду гурӯҳ – 15-18сола ва аз 18-сола боло баргузор шуданд. Дар сабқати наврасон Убайдулло Раҷабов (60 кг) ва Мӯҳсин Каримов (65 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар сабқати калонсолон Олим Сафаров (82 кг) ва Артур Одилбеков (86 кг) медали тилло ба даст оварданд. Инчунин, Артур дар вазни мутлақ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва боз як медали тилло гирифт. Фаррух Шарофов байни калонсолон (56 кг) ва Қиёмиддин Раҳмонзода миёни наврасон (56 кг) барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Солеҳ Ҳасанов (95 кг), Худойдод Раҳмонов (+95 кг) байни калонсолон ва варзишгари ҷавон Фирӯз Каримов (65 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони кишвар акнун ба мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Амрикои Шимолӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки 22-24 март дар Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Зуҳурбек Нурмаҳмадов, Убайдулло Раҷабов, Сӯҳроб Холиқов, Муин Ғафуров, Рустам Боқиев, Аъзам Азизов ва Аъзам Хокиров бо раҳбарии мураббӣ Аҳтам Хокиров намояндагӣ хоҳанд кард.

волейбол

e-mail: javonontj@mail.ru

Донишҷӯдухтарони ДДҚ дар ҷои аввал Бахшида ба Рӯзи модар 5-6 марти соли равон дар толори варзишии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарони макотиби олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар он дастаҳои якум, дастаи донишҷӯдухтарони донишҷӯдухтарони Донишгоҳи Коллеҷи тиббӣ сазовори ҷойи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи дуюм, дастаи донишҷӯдухтарони энергетикии Носири Хусрав, Донишка- Донишкадаи даи энергетикии Тоҷикистон, Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи ва дастаи донишҷӯдухтарони омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа Коллеҷи омӯзгорӣ сазовори ҷойи иштирок намуданд. Мусобиқа чорум гардиданд. тибқи системаи даврӣ баргузор Дар ин бора мудири бахгардида, дар натиҷа, дастаи ши варзиш ва сайёҳии Раёсати донишҷӯдухтарони Донишгоҳи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии видавлатии Қӯрғонтеппа ба номи лояти Хатлон Ҳамза Бобоев итНосири Хусрав сазовори ҷойи тилоъ дод.

Юлдошев ба «ДалеронУротеппа» хоҳад гузашт Фарҳод Юлдошев, дарвозабони ӯзбек, ки айни ҳол агенти озод аст, дар ҳайати дастаи “Далерон Уротеппа” тамрин мекунад. Фарҳоди 33-сола , ки соли 2010 беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон дониста шуда буд, ду мавсими охир дар “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекард. Аз ин пеш ӯ шарафи дастаҳои “Суғдиён” (Ҷиззах), “Андиҷон”, “Динамо” (Самарқанд), “Металлург” (Бекобод), “Вахш” (Қурғонтеппа) ва “Истиқлол” (Душанбе)-ро ҳифз мекард. Ду карат қаҳрамон ва дорандаи Ҷоми Тоқикистон мебошад. Тавре Аҳлиддин Турдиев, сармураббии “Далерон-Уротеппа” дар суҳбат бо хадамоти матбуотии ФФТ гуфтааст, Юлдошев дарвозабони бомаҳорат буда, дар наздиктарин фурсат бо ӯ қарордоди яксола баста хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Энергетик”, “Истиқлол” (ҳар ду аз Душанбе), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Румӣ) ва “Хуҷанд” ва ба гурӯҳи “Б” тимҳои “Хайр” (Ваҳдат), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Равшан” (Кӯлоб) ва “Канд” (Конибодом) шомиланд. Даври финалӣ 10 март бо бозиҳои гурӯҳи “Б” шуруъ шуд. Дар вохӯрии аввал дастаи “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Равшан”, ки бо ҳайати дуюм ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Шодмон Тағойзода (дақиқаи 26), Фирӯз Қараев (53) ва Фирдавс Тусматов (73) заданд. Дар бозии дигар тими “Хайр” дастаи “Канд”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 40 Айдох Наполеон кушод. Баъди 7 дақиқа Мирзобек Мирзоев ҳисобро афзуд. Алишер Улмасов дар дақиқаи 69 ва Муҳсин Абдуғаффоров дар дақиқаҳои иловагӣ ду голи дигари дастаи “Хайр”-ро заданд. 11 март бозиҳои гурӯҳи “А” доир шуданд. Дар бозии аввал “Истиқлол” ба дарвозаи “Хуҷанд” се голи беҷавоб зад. Ду голро дилшод Восиев, як голи дигарро Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расонданд. Бозии дигар бо ғалабаи “Энергетик” бар “Панҷшер” бо ҳисоби 7:1 анҷом ёфт. Баъди якум давр дар гурӯҳи “А” “Энергетик” пешсаф аст. “Истиқлол” дар ҷои дуюм, “Хуҷанд” дар мақоми сеюм ва “Панҷшер” дар ҷои охир қарор доранд. Дар гурӯҳи “Б” “Хайр” ҷои аввалро муаррифӣ мекунад. Дар мақоми дуюм “Регар-ТадАЗ” ҷой гирифтааст. “Равшан” ҷои сеюм ва “Канд” мақоми чорумро ишғол кардаанд.


“Анжӣ” як гол зад Клуби лигаи миллии хоккейи «Вашингтон Кэпиталс» бо ҳамлагари рус Евгений Кузнетсов қарордод бастааст.

Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук мақоми аввалро ишғол намуд. Амрикоиҳо дар маҷмуъ 12 медал ба даст оварданд, ки ҳашттоаш тилло буда, ду нуқра ва дуи дигар биринҷист. Тими миллии Русия бо панҷ нишон (се тилло, ду нуқра) дар ҷои дуюм аст. Медалҳои тиллои Русияро Екатерина Конева, Люкман Адамс ва Мария Кучина ба даст оварданд. Нуқраҳо натиҷаи заҳмати Анжелика Сидорова ва Иван Ухованд. Мақоми сеюмро тими мунтахаби Эфиопия ба даст овард. Варзишгарони ин кишвар ба дарёфти ду медали тилло ва як биринҷӣ муваффақ шуданд. Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 7-9 март дар шаҳри Сопотеи Лаҳистон баргузор шуд. Он ҳар чор сол пас дар моҳи март баргузор мешавад.

соҳиби “Анжӣ” тасмим гирифт, стратегияи рушди клубро тағйир диҳад. Вай ситораҳои гаронар-

зиши футболро фурӯхта, ба бозингарони маҳаллӣ таваҷҷуҳ намуд.

Арзи сипоси Мойес аз мухлисон

Боздошти Молина дар Лас-Вегас

Дэвид Мойес, сармураббии клуби «Манчестер Юнайтед» бо навиштани як номаи кушода ба мухлисони даста, аз онҳо ташаккур кардааст.

Карлос Молинаи мексикоӣ, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар Лас-Вегас боздошт шудааст. Ин дар ҳолест, ки баъди ду руз ӯ мебоист барои ҳифзи унвони қаҳрамонияш ба ринг мебаромад.

Дар ин мактуб, ки “The Guardian” нашр кардааст, гуфта мешавад, “дастаеро, ки ба пирӯзӣ наздик аст, мухлисӣ кардан осон мебошад, аммо, вақте тим дар вазъияти хуб қарор надорад, ин кор сангин менамояд”. Мойес ҳаводорони «Юнайтед»-ро беҳтарин дар Англия номида, аз онҳо даъват кардааст, ки дар давраҳои душвори даста бештар мухлисӣ кунанд. Сармураббӣ изҳори умед кардааст, ки ояндаи наздик клуб боз натиҷаҳои хуб ба даст оварда, ҷоизаҳоро

соҳиб мешавад. Ахиран, Мойес барои натиҷаҳои пасти «Манчестер Юнайтед» зиёд интиқод мешавад. Клуб дар мавсими имсола, қариб ки аз шонси ҳифзи унвони қаҳрамонии Чемпионати Англия маҳрум шуд. Бо ин ҳол, эҳтимол дорад, даста роҳхати Лигаи қаҳрамонҳоро барои мавсими оянда ба даст оварда натавонад. Мойес дар мавсими ҷорӣ ба сифати сармураббии «Манчестер Юнайтед» таъин шуда, дар ин вазифа Алекс Фергюсонро иваз намуд.

Бохти бузурги “Лейкерс” Клуби Анҷумани миллии баскетболи «Лос-Анҷелес Лейкерс» дар таърихи худ бо бохти бузург рӯ ба рӯ шуд. Шаби 7 март «Клипперс» «Лейкерс»-ро бо ҳисоби бузурги 142:94 (29:27, 44:13, 36:20, 33:34) шикаст дод. «Лейкерс» дар ин мавсим 41 маротиба дар рақобатҳо мағлуб шуда, дар 21 дидор дастболо гардидааст. Ҳоло дар ҷадвали конфедератсияи ғарбӣ зинаи охирро ишғол кардааст. «Клипперс» бо 43 ғалаба ва 20 бохт дар мақоми чорум аст.

Сомонаи “Los Angeles Times” менависад, ки ордер барои дастгир намудани муштзан ҳанӯз соли 2007 содир шудааст. Ричард Шефер, менеҷери Молина гуфтааст, ки барои раҳоии вай аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд кард. “Associated Press” менависад, ки вакилони дифои Молина барои озодии ӯ 10 ҳазор доллар гарав пешниҳод кардаанд, аммо рад шудааст. Гуфта мешавад, вай дар ҷустуҷӯи Хадамоти муҳоҷирати ИМА будааст. Молинаи 30-сола 29 маротиба ринг баромада, дар 22тои он (шаш нокаут) дастболо

гардидааст. Панҷ дидори дигар ба манфиати рақибонаш тамом шуда, дуи дигар мусовӣ анҷом ёфтааст.

Ифтитоҳи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ Шоми 7 март маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочӣ барпо гардид. Дмитрий Чернишенко, роҳбари кумитаи тадорукоти «Сочӣ-2014» ва Филипп Крэйвен, раиси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ширкаткунандагони бозиҳо, тамошобинону меҳмонон ва мизбононро бо оғози бозиҳо табрик намуданд. Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ то 16 март идома меёбад. Ба барномаи бозиҳо 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохиланд. Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ИМА дар ЧҶ сазовори ҷои якум шуд

Ба иттилои сомонаи расмии клуб, ин шартнома барои ду сол ба имзо расида, Кузнетсов дар ҳайати «Вашингтон Кэпиталс» таҳти рақами 92 ба майдон мебарояд. Евгений 21 сол дошта, то ин вақт дар ҳайати «Трактор» бозӣ мекард. Вай чанд маротиба унвони беҳтарин зарбазанро соҳиб гардидааст. Дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Трактор” аз 31 бозӣ 21 хол гирифтааст. Клуби футболи “Анжӣ”-и Махачқалъа дар мавсими ҷории футболи Русия нахустин маротиба ғалаба кард. Дар дидор бо “Рубин”, ки дар доираи даври 20-уми премер-лигаи Русия анҷом шуд, бозингарони “Анжӣ” ба задани як гол муваффақ шуданд. Тӯби ягонаи бозиро Александр Бухаров дар дақиқаи 83 ба ҳадаф расонд. Баъди 20 бозии мавсими 2013/2014 “Анжӣ” бо 11 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои охирро ишғол мекунад. Қабл аз оғози мавсим Сулаймон Каримов,

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

13

варзиши хориҷӣ


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

14

аз ҳаёти одамони наҷиб КӮДАКИИ ДАР ТАЛОТУМҲО ГУЗАШТА... Зиндагиномаи пири кору зиндагӣ Давлатхӯҷа Назиров тӯғёни мавҷ ва қуллаи умру орзуву армону синни муборакаш авҷро мемонанд. Мавҷи баҳру дарёеро, ки ороминописанд ва рамзи ҳастист. Авҷи осмони чун кушодадилон беканорро. Касе дар ҳаёт намедонад, ки сонияе баъд ӯро чӣ қисмате интизор аст. Охир, одаму дам гуфтаанд. Ростӣ, аз беҳтарин хислатҳо ва бузургии одам ҳам ин аст, ки бо вуҷуди фаношавандагии худро фаҳмидан, бо умеду орзуҳои ширин нафас мекашад. Айнан, аз бози худро шинохтан дар гузаштаи зиёда аз беш аз ҳафт даҳсола писарчаяки деҳотие аз куҷо медонист, ки чӣ ҳаводисе ӯро домангир мешаваду чӣ рӯзгоре насиб, алалхусус, дар ҳамон солу замони сахту душвори пур аз маҳрумиятҳои даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он. Дар ақибгоҳ ҳам азобу даҳшат, маргу муриш на камтар аз майдони ҷанг буд. Яке паси дигар ба фронт сафарбар шудани ҷавонмардони ташнаи зиндагӣ, омадани хатҳои сиёҳ, бесаробонмонии занону кӯдакон, пирони барҷомонда, гармию сармо, қаҳтию гуруснагӣ, бемориҳои маргбор ҳоли одамони он солҳоро ба танг овард. Ана, дар чунин як замони пуртаҳлукаву даҳшат - 13 марти соли 1939 писараке дар ноҳияи Фархор ба дунё омад, ки номашро Давлатхӯҷа гузоштанд. Аслан, табиати одамизод таззод аст. Дар шароити сахту ногувор инсонҳоро ирода қавитар мегардад. Дар онҳо қувваи иловагие ба хотири фатҳи ин ё он нақша мақсад пайдо мешавад. Баръакс, хобу хӯр, зиндагии таъмин, бархеро аз лиҳози ҷисмонию руҳӣ заифу коҳил мегардонад. Мардуми он замон алайҳи ҳама гуна мушкилоту душвориҳои пешомада, қавидилу руҳан шикастнопазир буданд ва ба оянда бо чашми умед менигаристанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло айёми кӯдакии қаҳрамони мо, ки давраи тиллоии ҳаёт ном мебаранд, чандон осон нагузаштааст. Азбаски фарзанди замони худ буд, ҳамон ҷиҳатҳои мусбати дар аксар калонсолон мушоҳида намудааш, ба ӯ беътасир намонданд. Дар пайравӣ бо насли солор, Давлатхӯҷаи он айём кӯдак, бо ноҷӯрию беадолатиҳои рӯзгор дар мубориза мешуд. Бо пурсабрӣ, қаноатпешагӣ, меҳнатдӯстӣ ва таҳсили хубу аъло. Зеро, барои зиндагии мӯътадил як сӯ истад, ҳатто барои зиндагиии, ақаллан, монанд ба зиндагӣ шароиту имкониятҳо мавҷуд набуданд. Нарасидани ғизо, сару либос, китобу дафтар, умуман, талаботе, ки барои зистан лозиманд. Ана, дар чунин як шароити ниҳоят тоқатнопазир Давлатхӯҷа ва ӯ барин кӯдакони даврони ҷанг ба камол расиданд. Бо як сухан мубориза байни ҳаёт ва нестӣ, адолат бо беадолатӣ, озодию осоиштагӣ ва ҷанг пуршиддат идома дошт. Давлатхӯҷаи хурдсол, бешак, аз ҷумлаи он майдондорон ҳисоб меёфт. Ба танқисиҳои зиёди зиндагӣ нигоҳ накарда, бо ҳавасалаи том роҳ сӯи мактаб пеш гирифт. Ҳушу ёдаш ба хондан банд буд. Дигар чизе дар назараш наметофт, на сару либоси наву зебо, на ягон воситаи бозию дилхушии хоси кӯдакон. Дигар ин ки барои чунин хаёлу корҳо вақт ҳам надошт. Барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ чун аксар бачаҳои деҳот дастёри падару модар шуд. Аз чӣ бошад, ки бо ин ҳама такопуву серкорӣ хастагиро эҳсос намекард. Вақти холигӣ, асосан, шабҳо то бевақт адабиёти дар ихти-ёрдоштаашро бо завқ мутолиа менамуд ва аксар вақт болои китоб хобаш мебурду ёд оварда наметавонист, ки кай модар ӯро ба ҷойхоб оварда мондааст. Ба ҳамин минвол, соли 1953 мактаби ҳафтсолаи ба номи Ка-линини деҳаро хатм намуд. Баъд дар шӯъбаи тай-

ёр кардани муҳосибони колхозии мактаби касбии дусолаи назди Вазорати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилро идома дод. Пасон, дар хоҷагӣ ба ҳайси ҳисобчӣ кор карда, ҳамзамон, синфи даҳумро низ хатм ва соҳиби номаи камол гардид.

ДАР СОЯИ РАҲМАТИ ХУДО ВА ҒАЛАБАИ БУЗУРГ Давраи ҷавонии Давлатхӯҷа ба даҳсолаи аввали баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Ин давра зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Ҳамин буд, ки Давлатхӯҷа соли 1956 аз пайи амалисозии марҳилаи навбатии орзуҳои дил шуд ва ба шӯъбаи биологияи Донишгоҳи дав-

мутахассиси пешбари Хазинаи сулҳ дар Тоҷикистон, ёрдамчии раиси Кумитаи давлатии муҳити зисти Тоҷикистон, ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири вазири иқтисоди ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон, мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, директори Маркази таҳлилии масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми динӣ «Шит» («Сипар») идома бахшид.

«ҚАЛАМ ГУФТО, КИ МАН ШОҲИ ҶАҲОНАМ…» Баъди расидан ба синни камолот Давлатхӯҷа Назиров пурра ба кори

Русия ва Чин), (2010), «З. Безижинский и его великая шахматная доски» (З. Безижинский ва тахтаи бузурги шатранҷӣ ӯ), (2012), асарҳои илмӣ-бадеии «Искатели приключений» (Моҷароҷӯён), (2007), «Наркобароны» (Мафияи маводи мухаддир), (2010), «Сайдамир Фиғонӣ и его потомки» (Сайдамир Фиғонӣ ва фарзандони ӯ), (2010), «Фархор - твои люди» (Фархор – одамони ту), (се ҷилд, 2011 – 2013), «Воспоминания, размышления, наблюдения, очерки и рассказы” (Хотирот, афкор, мушоҳидаҳо: очерк ва қиссаҳо), (2012), “В плену у моджахедов” (Дар муҳосираи муҷоҳидон), (дар бораи шуҷоату диловарии журналист ва тарҷумони тоҷик, шо-

Ҳамдили мавҷи хурӯшон латии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил гардида, онро аз рӯи ихтисоси зоолог, муаллими химия ва биология муваффақона хатм намуд. Барои ҷавоне чун Давлатхӯҷа боистеъдод ва ба илму донишандӯзӣ завқу ҳаваси беандозадошта бидуни воситаву воситабозие дар пойтахти кишвар кор ёфтан мушкилӣ надошт. Устодон ӯро маслиҳат доданд, ки дар пойтахти мамлакат бимонад ва ҳатто идомаи фаъолиятро дар вазифаи ходими хурди илмии Институти паразитологияи АИ ҶТ барояш тавсия карданд. Аммо боз ҳам мушкилоти оилавӣ, камбуди молию пулӣ ин ҷавони ташнаи илмро ба деҳа бурд. Солҳои 1961-1962 дар мактаби миёнаи рақами яки ба номи Владимир Маяковскии маркази ноҳия аз фанҳои химия ва биология дарс гуфт. Майи соли 1962 котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Фархор интихоб гардида, январи соли 1963, бо сабаби аз байн рафтани ноҳияи Фархор ва якҷо кардани он ба ноҳияи Москва, муовинии котиби комсомолии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва совхозиро ба ӯҳда гирифт. Январи соли 1964 бо пешниҳоди Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон ва кумитаи ҳизбии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва совхозии ноҳияи Москва барои кор ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КБД) сафарбар ва мактаби олии КБД СССР-ро дар шаҳри Минск хатм намуд. Бо ҳамин қисмат ӯро ба соҳаи ниҳоят масъули давлатӣ пайваст. Дар кумитаҳои бехатарии давлатии шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, шаҳри Перми Федератсияи Русия кор кард. Аснои фаъолият се дафъа курсҳои такмилу бозомӯзиро хатм ва аз корманди амаликунанда то ба вазифаи сардори шӯъба фаъолият дошт. Моҳи октябри соли 1989 бо рутбаи полковники бехатарӣ ба нафақа баромад. Соли 2001 ба ӯ унвони генералмайори эҳтиётии Нерӯҳои низомии СССРро лоиқ донистанд. Ҳарчанд ба нафақа аз рӯи собиқаи корӣ баромад, истироҳату дамгириро барои худ раво надид. Илова бар ин, донишу таҷрибаи андӯхтаашро ба нафъи ҷомеа истифода кардан хост. Ҳамин тариқ, солҳои 1990-2006 фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаҳои ваколатдори Шӯро оид ба корҳои дини назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб,

эҷодӣ камар баст. Аммо ӯро ба қатори қаламкашони булаҷабу булҳавас ворид кардан нашояд. Чунки умре бо қалам сару кор дошт. Дар ҳар кору вазифае, ки фаъолият намуд, дар доираи шароиту имконият барои асарҳои ояндааш замина мегузошт. Аслан, аз даврони мактабхонӣ хабару мақолаҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии «Пахтачӣ» ва «Тоҷикистони сурх» (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба табъ мерасиданд. Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод менамояд. Таълифи навиштаҳояшро бо забони русӣ бо он асоснок мекунад, ки мехоҳад, дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон ба доираи фарохтари хонандагон маълумот бидиҳад. Давраи пурра ба кори эҷодӣ гузаштани ӯ марҳилаи навбатии олами орзуҳои ӯст. Аз октябри соли 2003 вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Шит»ро ба уҳда дорад. Аз соли 1991 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии мат-буоти Тоҷикистон (2010), доктори илми фалсафа (2010),барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2013) мебошад.

ОЛИМ ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ПУРМАҲСУЛ Давлатхӯҷа Назиров муаллифи 6 рисола, 3 номгӯй маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, мисли «Генезия религиозно-политического экстремизма и терроризма» (Пайдоиши экстремизм ва терроризми динӣ-сиёсӣ), (2006), «Религиозно-политический экстремизм и терроризм в Центральной Азии» (Сиёсати динии экстремизм ва терроризм дар Осиёи Марказӣ), (2007), «Проблемы междунарондого и религиозного терроризма в условиях глобализации» (Мушкилоти байналмилалӣ ва динии терроризм дар шароити ҷаҳонишавӣ), (2009), «По-литический ислам в Таджикистане» (Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон), (2010), «У терроризма нет лица» (Терроризм рӯй надорад), (2012, 2013), “Угрозы и вызовы терроризма, религиозного экстремизма странам Центральной Азии, Российской Федерации и КНР» (Таҳдид ва чолишҳои терроризм ва экстремизми мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ,

дравон Д. Икромов), (2010) мебошад. Новобаста ба синну сол Давлатхӯҷа Назиров дар айни ҷӯшу хуруши кори эҷодист. Тасмим дорад, бахшида ба масъалаҳои доғи ҷомеа, ки ба оромию осоиштагии кишвар таҳдид менамоянд, мақолаву китобҳо нависад. Аз таҷрибаи андӯхта, диду назари хеш дар давлатҳои гуногун нақл кунад ва дар кори таҳкими сулҳу саодат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту гул-гугулшукуфии Тоҷикистони азиз, ки ӯ ва дигар фарзандонашро модарвор ба оғӯш гирифта, ба камол расонда, соҳиби бахту саодат гардонидааст, нақш гузорад. Ин орзуи як фарди ва-тандӯст, илму маърифатпарвар, падари ду фарзанди баркамол ва бобои меҳрубони набераҳои дӯстрӯй, як инсони хоксору ҳалим мебошад. Орзуи инсоне мебошад, ки 75 сол дар ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ нафас мегирад ва шабеҳи авмоҷи дарёҳои шӯхи диёри кӯҳистон дили ҳамеша беқарору дар ғалаёну тӯғёнро дар сина дорад. Дили чун дили ҳар тоҷике аз азал моломоли армонҳои инсонпарварона, бунёдкорона. Пири равшандилу равшанзамире, ки маҷрои умраш шоҳбайти шоири маъруф Ғании Кашмириро ба хотир меорад: Мавҷем, ки осудагии мо адами мост, Мо зинда аз онем, ки ором надорем.

Самариддин АСОЗОДА, Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»


Министр (тољ.)

Ноз ва ѓамзаи зан

Муќобили «омад»; Мусиќии Баха-84 ва Тимати

…Девган, ситораи кинои њиндї

Сардори давлат дар Мисри Ќадим

... де Жанейро, шањр дар Бразилия

Пешравї, тараќќиёт (лот.)

«Ватан» ё «Азия-плюс»

Давом

Рутбаи олии њарбї

Асбоби челонгар

... Холова сароянда

… Гуртская, сарояндаи нобино аз Русия

Мусиќии …-н-рол

Сўзани каждум

Ќаймоќи русї

Муњаммад ..., «шоњи бокс»

Дарё дар Сибир

Фанне, ки эљодиёти Рўдакї ва Саъдиро меомўзад

Ќош

Писари Дедал

Моддаи кимиёвї, Fe

Таоми миллї

Шањраки офатзада дар Њисор

Синамо

Антоними «вайрон», «хароб»

Бо талаби он гањ тангу гањ васеъ мепўшем;

Моњишўрбои русї

Бародари калонї

Теппа, баландї

Падар (лањљ.)

Њаракати њайвон бо суръати баланд

Гурба онро шикор мекунад

Тинљї, осоиштагї

«…Бенс»

Хуч, насрин

Миллати Максим Горкий

Актёри Голливуд … Питт

Зављаи Адам (русї)

Бадан

Зид, чаппа

Хатм, поён

Касе, ки ўро медонед

Соли нав …и нав! Бахту саодат

Афъї, айнакдор, бањтур

Сер не

... Дизел, актёри Голливуд

Ба мурѓ медињанд

Хизматгор

Масолењи сохтмонї

Њаљљи асѓар

Маргарин

Муќобили «чиркин»

Гўштингир Расул …

Адади якуми тел. хонагии Душанбе

Пойтахти собиќи Ќазоќистон

«Одеколон» ба тољикї

Мадад, кўмак

Пайѓамбар, писари Марям

Оби дањон

Заиф, суст

Тайёр Космодроми Ќазоќистон

«Гапи бисёр њафт хара …» Њиссачаи тасдиќї

Хонавода

Уксус (тољ.)

Камон, милтиќ

Малакулмавт

Шабакаи ТВ-и Русия «…Планета»

Муќобили пеш

Осоишгоњ, истироњатгоњ (рус.)

Пойтахти Швейтсария

Араќи љопонї

Як сурат аз кинофилм

Поя, бех

Асбоби мусиќии нафасї

… Баччан, ситораи кинои њиндї Мўи сунъї

Шањр дар Љопон

Бародари амма

Андак обдор

Пешмузд (русї)

Пойтахти Австрия

Поёни курта Комиссар аз филми туркї

Нафар, одам

Муќобили шаб

Бахтиёр …, ширинкор

«Аъзо» – бисёр, «…» якто

ШакБањр дар ли Осиёи Миёна пурраи номи Шурик

Пойтахти Бошќирдистон

Воситаи наќлиёт, ќатораро мекашад

Гиёњи кўњии бањории хўрданї

… Оберой, ситораи кинои њиндї

e-mail: javonontj@mail.ru

Њафтаномаи русии сканвордњо

«Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

15

варзиши ақл


16 «Ҷавонони Тоҷикистон», №11 (9333), 13 МАРТи соли 2014

табассуми рассом Муассис:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самариддин Асоев

***

Ҳайати эҷодӣ:

Профессор ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб надод, мегӯяд: - Ақаллан, чанд ҷумла дар бораи тарҷумаи ҳоли Ҷон Милтон нақл кун. Донишҷӯ: - Майлаш. Вақте ӯ зан гирифт, романи «Биҳишти аздастрафта”-ро навишт, вақте занаш вафот кард, романи “Биҳишти баргашта”-ро эҷод кард.

Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

a hin

*** Профессор ба донишҷӯён: - Пеш аз он ки ба имтиҳон оғоз кунем, ягон кас савол дорад? Аз партаи қафо садо баланд мешавад: - Ҳа, савол ҳаст. Имрӯз аз чӣ фан имтиҳон дорем?

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ашрафи афзал (муҳаррири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ ҳасан азизов (хабарнигорон),

Нуралӣ Нуров (хабарнигор, Суғд),

раҳим рафиев,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек Юсуфбеков, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

nc

Толибшоҳи ДАВЛАТ

ei mad

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7203 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Лутфи ҷавонӣ Профессор аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ мепурсад: - Ин скелети кист? - Аз колхозчӣ. - Барои чӣ? - Гушту пусташро супурдааст, танҳо ҳамин устухон боқӣ монда.

Сармуҳаррир

сайфиддин суннатӣ

фароғат

Портрети дузд нигоҳи дигар

Рассоми ҷавони маҷористонӣ Арпад Себесӣ барои портрети мултимиллионер Элмер Келенро кашидан вазифадор шуд. Ин супориш барояш басе мушкил буд, чунки Келен ҳамагӣ ва танҳо се маротиба барои «поза додан» розӣ шуд. Бинобар ин, Себесӣ маҷбур шуд, ки бештари қисматҳои портретро аз тахайюлаш бикашад. Аммо бо вуҷуди ин рассоми ҷавон бовар дошт, ки портрет ба Келен хеле монанд аст, балки асли ӯст. Вале Келен дар ин фикр набуд. Ӯ бо қатъият иброз дошт, ки портрет ба вай монанд нест, аз ин лиҳоз ҳаққи онро пардохт намекунад. Бечора ҷавон барои он, ки портрет шакли муйян бигирад, соатҳои дароз заҳмат кашида буд. Аммо ҳоло медид, ки он ҳама барабас буда, арзише ҳам надоранд. Ҳангоме ки миллионер аз утоқи кории рассоми ҷавон берун мешуд, Себесӣ аз ӯ хоҳише кард. - Ҷаноби Келен, чӣ мешавад, ки ба Шумо монанд набудани портретро дар мактубе ба ман нависед? – пурсид рассом Себесӣ. Келен аз он ки аз рассом ба осонӣ халос мешуд, ба навиштани мактуб бо хушнудӣ розигӣ дод. Чанд моҳ сипарӣ шуд... Ассотсиатсияи рассомони Маҷористон рӯзе дар шаҳри Будапешт «Намоиши ҳунарҳои зебо» ном чорабиние доир кард... Дар ин асно телефони Келен беист занг мезад. Вақте ӯ ба намоишгоҳ ҳозир шуд, дид, ки зери портрети кашидаи Себесӣ навишта шуда аст: «Портрети як дузд!» ва он дар қатори мусаввараҳои дигар овезон аст. Миллионери мағрур боисрор даъво мекард, ки портретро фароранд. Чун директори намоишгоҳ даъвои Келенро қабул накард, ӯ гуфт, аз он ки ин расм ӯро дар байни мар-

дум масхара мекунад, аз болои масъулини намоишгоҳ ба суд шикоят мебарад. Ҳамин вақт роҳбари намоишгоҳ мактуберо нишон дод, ки дар он гуфта мешуд: «Бо сабаби он ки ин портрет ба ман тамоман монандӣ надорад, аз хариданаш худдорӣ мекунам. Э. Келен». Миллионер акнун фаҳмид, ки ба ҷуз пардохти ҳаққи заҳмати рассом чораи дигар надорад. Аммо бурди рассоми ҷавон бо ин тамом намешуд, чунки вақте Келен портретро харидан хост, нархи он аз аввала, аллакай, даҳ баробар қимат шуда буд. Рассоми ҷавон, маълум, ки, таслими ғазабу асабоният нашуда, баръакс ба ҷои ин чорае андешид. Чораи созанда ва муфид. Фаромӯш набояд кард, ки имконоти нав (шанс) моро одатан дар вақти тангӣ ва лаҳзаҳои парешонӣ суроғ мекунанд. Чунки вақте як дар пӯшида шуд, дари дигар ҳатман во мешавад! Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

*** Имтиҳон аз фанни забони немисӣ. Муаллим аз донишҷӯ: - Ҷумлаи “Қурбоққа дар ботлоқ ҳаракат мекард”-ро бо олмонӣ тарҷума кун. Донишҷӯ: Дер қурбоқаус дар ботлоқус дер ҳаракат мекардус!

*** Салим дафтари расмашро пеши муаллим бурда: - Ана, ин ҷо гов алаф мехӯрад... Муаллим бо тааҷуб: - Аҷиб, канӣ алаф? Салим: - Гов ҳамаашро хурд... Муаллим: - Пас, гов канӣ? Салим: - Шумо фикр мекунед, ин гов ҳамин қадар аблаҳ аст, ки баъди хӯрдани ҳамаи алафҳои ҳамсоя боз он ҷо меистад?

*** Аз ёддошти профессоре: “Донишҷӯ барои санҷиш ҳама корро мекунад, ҳатто ба дарсҳо ҳозир мешавад...”

***

Донишҷӯ ба ҳамсабақаш: - Барои чӣ ин қадар ғамгинӣ? - Ба падару модарам занг зада гуфтам, ки барои харидани китоб пул фиристанд. - Чӣ, нафиристоданд? - Китоб фиристоданд.

Эълон

Барҳам мехӯрад ҶДММ “Эҳсон Тиҷорат” (РЯМ 0210018380), ки дар Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти рақами 0264469 ба сабти давлатӣ гирифта шудааст, барҳам мехӯрад.

Эътибор надорад

Номаи камоли гумшудаи №119334, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Хуросон соли 1987 ба Қодирқулов Зокиржон Тангрибердиевич додааст, эътибор надорад.


Javonon №11 (9333), 13 марти соли 2014