Ҷавонони Тоҷикистон, №01 (9479), 2017

Page 10

10

ХОВАЛИНГ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

РУШДИ САЙЁҲӢ

САОДАТ ИСМОИЛӢ

Дидани моли таърих хастагиро рафъ мекунад

Маҳфуз нигоҳ доштани олоти қадима дар хонаҳо зинда нигоҳ доштани таърихи гузаштаи худ ба ҳисоб меравад. Мо аз таърих медонем, ки ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо лавозимоти рӯзгорро аз чӯбҳо ва оҳанҳо сохта, истифода мебурданд. Нишонаи ин олоти дастиро имрӯз мо дар осорхонаҳо мебинем. Баробари дар осорхонаҳо маҳфуз нигоҳ доштани ашёи таърихӣ ба назар мерасад, ки шаҳрвандони кишвар низ имрӯз ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Нозимҷон Усмонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз зумраи нафаронест, ки зиёд ба ашёҳои қадимаи халқи тоҷик эҳтиром дорад. Меҳр ва шавқи зиёди ӯ боис ба он гардид, ки як ҳуҷраи хонаи истиқоматиашро ба музей табдил диҳад. Вақте аз дарвозаи калон вориди хонаи амаки Нозимҷон гардидем, дидем, ки деворҳои хонаи ӯ бо нақши қадима оро ёфта, ҳамзамон дар деворҳо кӯзаҳои қадима овехта шудааст. Дар шафати хонамузей бошад, сабадҳо овезон буд. Амаки Нозимҷон мегӯяд, 10 сол мешавад, ки ба хонамузейи худ ашёи қадимаро ҷамъ меоварад. Аксари ашёи таърихии хонамузейи амаки Низомҷонро мероси модаркалон ва бобояш, ки иштирокчии ҶБВ буд, пур кардааст. Дар баробари ин, худи ӯ низ аз дасти мардум ашёи қадимаро харидорӣ намуда, дар музей ҷамъ овардааст. Ҳар моҳ ин хонамузейро 1015 нафар ба таври ройгон тамошо мекунанд. Ҳамчунин, устодони донишгоҳҳо ва таърихнигорони шинохта барои корҳои илмиашон ин хонамузейро истифода мекунанд. - Сайёҳони хориҷӣ низ ба дидани хонаи ман омаданд ва гуфтанд хонаи як тоҷикро бинед, ки таърихи халқашро зинда нигоҳ медорад. Ҳамчун сайёҳи хориҷӣ аз ин хона шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дидан кардаанд. Онҳо гуфтанд, халқи тоҷик чӣ қадар таърихи бой дорад ва шаҳрвандонаш ба таърихи худ эҳтиром мегузоранд ва хонаи худро мисли хонаҳои дав-

раи пеш оро додаанд, - гуфт Н. Усмонов. Сайёҳи рус ба дафтари қайди хонамузей чунин навиштааст: “Удачи и успехов в таком хорошем и полезном деле, как создание таких замечательных народных домовмузеев. 8.08.2014. А. Алсу, зам. директор ЦЦСО”. Дар ин хонамузей зиёда аз 320 намуди лавозимот ва ашёи қадима нигоҳ дошта мешавад. Қариб ҳамаи ашёҳо нодир ҳастанд ва баъзе ашёҳо таърихи зиёда аз 1000сола доранд. Ин ҷо қариб 15 намуди кӯза, табақҳои сафолин, чанд намуди қошӯқи чубин, табақҳои аз чӯб сохташуда, ки имрӯз аксар вақт барои истеъмоли шакароб ва қурутоб аз он истифода мекунанд, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувози майда ва калон, кафшҳои қадима, қайчӣ барои буридани танаи дарахт ва матоъҳо, тарозӯи давраи қадим, лаҷом ва зин барои асп, асбобҳо барои шудгори

Дар хонаи дигари амаки Нозимҷон китобмон ва муқаддасоти миллӣ маҳфуз аст. Китобҳои давраи қадима, ки дастӣ, бо хати форсӣ навишта шудаанд ва таърихи зиёда аз 200-сола доранд, дар ин ҷой нигоҳ дошта мешаванд. Дар тарафи дигари хона нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷойгир аст, ки аз чӯб сохта шудааст. - Дидани моли таърих хастагиро аз ман дур мекунад ва ҳар гоҳ ки аз ташвиши зиндагӣ монда мешавам, дар ин хона саёҳат мекунам. Ин хонаро ман бо шавқи худ бунёд кардам. Дидорбинии мардум ва сайёҳон аз хонаи ман бисёр маро хуш омад, - нақл кард амаки Нозимҷон. Аҳрорхон Хоҷаев, муттахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, ин амал барои рушди туризми дохилӣ мусоидат мекунад. Аз ҷиҳати дигар, сохтани хонамузей ҳисси дӯстдорӣ нисбат ба Ватан ва муҳаббати шаҳрвандонро ба арзиҳшои миллӣ

замин, ба монанди чок, бел ва омоч вуҷуд дорад. Хонаи амаки Нозимҷон инчунин дорои чароғ, соат, пандус, китобмон, ручкаи давраи пеш, сандуқча барои нигоҳ доштани лавозимоти арӯсон, ҳамзамон чанд намуди матоъҳои миллӣ, ки бо нақш ва нигори миллӣ оро ёфтааст, ҷомаи зардӯзӣ барои мардон, куртаи чакан барои занҳо, рӯймолҳо, тоқиҳои ироқии дастӣ ва тоқӣ барои мардон мебошад.

меафзояд. Ташкил кардани хонамузей диққати сайёҳонро низ ҷалб мекунад. Нозимҷон Усмонов дар озмуне бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишвар дар Душанбе иштирок намуда аз рӯи номинатсияи хонаи беҳтарин ҷойи сеюмро ба даст овард. Ҳамчунин, дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ низ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, соҳиби мукофот гардидааст.

Минтақаи Ховалинг бо шароити хуби табиӣ, иқлим ва олами бойи набототу ҳайвоноташ аз дигар минтақаҳо фарқ дорад. Заминаш бо намӣ хуб таъмин буда, барои нашъунамои набототи гуногун қулай мебошад. Барои рушди базаи агротуристӣ дар Ховалинг тамоми шароит мавҷуд мебошад.

Саёҳат дар деҳот дар ҷои дуюм аст

Дар сурати таъсис додани базаи туристӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидории “Саёҳат” минтақаи Ховалинг метавонад ба мавзеи дӯстдоштаи ҳаводорони агротуризм табдил ёбад. Барои ин модели иқтисодии рушди туризми деҳотро таҳия кардан лозим. Зимнан, туризми деҳот дар ҳар мавзее, ки захираҳои бою қулайи табиӣ дошта, мардумаш соҳиби расму анъанаи ғанӣ ҳастанд, метавонад рушд ёбад. Дар аксар кишварҳо саёҳат дар деҳот баъди истироҳат дар соҳили баҳр дар ҷои дуюм меистад. Агар “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг ба роҳ монда шавад, фоидаи аз ҳисоби рушди ин соҳа бадастомада баҳри ҳифзи табиати нодир ва ғанишавии муҳити фарҳангии он сарф хоҳад шуд. Муҳити ороми фазои деҳоти ин ҷо барои истироҳат қулай аст. Кӯҳҳои сарсабз, ҷангал, садои мурғони хушилҳон, кӯлу дарёчаҳои ин минтақа ба кас таъсири оромибахши эмотсионалӣ мерасонанд. Баҳри фаъолияти босубот ва рушди соҳаи “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг инфрасохторе бунёд кардан лозим аст, то ба ду талаботи асосӣ – шароити зарурии иқомати туристон ва хизматрасонии босифати сокинони маҳаллӣ ба сайёҳон ҷавобгӯ бошад. Дар ин мавзеъ саёҳат ба деҳот тавассути мошин, велосипед ва аспро дар бар хоҳад гирифт. Ҳамчунин метавон зистан дар меҳмонхонаҳои хурд (“ҳомстей”)-ро ба роҳ монд. “Туризми сабз” боздид аз деҳот, табобат бо лойқаю чашмаҳои шифобахш, зиёратгоҳу марказҳои фарҳангиро фаро мегирад. Ғайр аз ин, рушди “туризми сабз” ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, ки “туризми сабз” қисман бо пешниҳоди хизматрасонии меҳмонхона алоқаманд мебошад. Симои асосии амалкунанда дар ташкили истироҳат дар деҳот оилаҳое хоҳанд буд, ки хоҷагии шахсӣ ё деҳқонӣ доранд. Таъсири рушди “туризми сабз” дар беҳтаршавии шароит ва сифати зиндагии аҳолии деҳот эҳсос хоҳад шуд. Чунончӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои занони деҳот боиси болоравии сатҳи зиндагии онҳо мегардад. Сарварони меҳмонхонаҳо барои фароҳам овардани шароити беҳтар ба сайёҳон ғайр аз пешкаш намудани манзил ва ғизоҳои безарару табиӣ як қатор тадбирҳои дигарро метавонанд амалӣ созанд. Масалан, омода кардани ғизо аз маҳсулоти хоҷагии ёрирасон (наздиҳавлигӣ)-и худ рӯёндашуда. Оббозӣ дар манбаъҳои оби наздиктарин, кироя додани асбоби варзишӣ, моҳидорӣ ва ғайра, иштирок дар тайёр намудани маҳсулоти ҳунармандӣ (сабадбофӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, табақтарошӣ...), ошноӣ бо расму анъанаҳои маҳаллӣ (тӯйи арӯсӣ, хатнасур, идҳои миллию мазҳабӣ), ҷалб намудан ба корҳои саҳро (чаронидани чорво, алафдаравӣ, ҷамъоварии ҳезум, ниҳолшинонӣ), ташкили машғулиятҳои шавқовар (зиёрати чашмаҳои шифобахш, заврақсаворӣ, моҳидорӣ, мушоҳидаи зисти парандагону ҳайвонот), саёҳат ба кӯҳсор (кӯҳнавардӣ) ва ғайра истироҳати сайёҳонро рангин месозад. Баҳри ташкили туризми босифат омода кардани туроператорон, роҳбаладони донандаи ду-се забон муҳим аст. Робита бояд бо ширкатҳои туристӣ бардавому устувор бошад. Зеро ширкатҳои туристӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ метавонанд ҳаводорони “туризми сабз”-ро ба минтақа ҷалб намоянд. Бо ин мақсад таҳияи филму роликҳои видеоӣ, омода кардани буклетҳои тарғиботӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои туристӣ низ муҳим ва зарур аст. Фаррух АБДУВОСИЕВ, номзади илмҳои иқтисодӣ


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.