Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№1 (9479), 5 январи соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 САЙЁҲӢ

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Боғи Рӯдакӣ – ҷаззобтарин макони сайёҳии Тоҷикистон

Соли 2017 бо муттаҳидии ҷавонон оғоз гардид

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

 МАВЗӮИ РӮЗ

ТОҶИКИСТОН –

пешгоми ҳалли масоили экологӣ  АКСИ РӮЗ

САФЕД-ДАРА


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 декабр дар Қасри Миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимов мулоқот кард. - Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат ба хушнудӣ истиқбол менамояд, - изҳор дошт Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, - кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда, барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ниҳолшинонӣ ба истиқболи Соли ҷавонон 29 декабри соли 2016 дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон амалиёти ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” баргузор гардид. Таҳти роҳбарии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар боғи мазкур бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи бино дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд. Масъулин изҳор доштанд, ки Амалиёти ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон сурат мегирад. Масъулини дастгоҳи марказии КҶВС ва сохторҳои маҳаллии он таҳти шиори “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” давоми сол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби доираи васеи наврасону ҷавонон амалиёти мазкурро доир намуда, дар боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани диёри маҳбубамон - Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба донишҷӯён фаҳмонда шуд Ба мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мулоқот карданд. Зимни мулоқот масъулини КҶВС бурду бохти соли 2016 ва дурнамо дар соли 2017-ро, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр шуд, ба самъи ҳозирин расониданд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонони КҶВС Аҳмадзода Дилноза дар рафти суханронӣ аз ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ёдовар шуда, иброз дошт, ки “Паёми Сарвари давлат роҳнамо ва саодатномаи халқи тоҷик мебошад. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба ҳама самтҳо нигаронида шудааст, ки ҳамаи онҳо дар умум марбути ҳаёти ҷавонон мебошанд. Ин ҳама аз ғамхории бевоситаи Президенти маҳбубамон нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон мебошад”.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Ғолибони озмуни КҶВС дар соли 2016 эълон шуд 30-юми декабри соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ дар соли 2016-ро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон намуд. Ба озмун 38 нафар корҳои худро пешниҳод намуданд, ки баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон 27 нафари он беҳтарин дониста шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Бахтовар Каримов соҳиби ин ҷоиза гардид.

Ғолибони озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи РӮЗНОМАНИГОРӢ: 1. Ҷасур Раҳмонов, донишҷӯи курси панҷуми факултети технология ва соҳибкории ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ҳамзамон хабарнигори ҷамъиятӣ дар самти кор бо ҷавонон ва риштаи варзиш; 2. Сулаймон Сангаҳмадов, хабарнигори идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон; 3. Шариф Атобуллоев, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум”; 4. Бахтовар Каримов, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”; 5. Исматуллои Ҳабибулло, сармуҳаррири шуъбаи барномаҳои иттилоотии МД “Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон”; 6. Муллораҷаб Юсуфзода, хабар-

нигори ҳафтаномаи “Нигоҳ”; 7. Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Самак”; 8. Маҳмадсафои Ҳасани Махсумзода, сармуҳаррири идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии телевизиони “Тоҷикистон”. АДАБИЁТ: 9. Шукрона Фозилова, донишҷӯи курси чоруми факултети химияи ДДОТ ба номи Айнӣ; 10. Муҳриддин Ҳамзаев, аспиранти соли сеюми факултаи филологияи ДМТ; 11. Муҳиба Асоева, донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ: 12. Дилором Чориева, донишҷӯи курси панҷуми ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино; 13. Наврӯзи Ҷумамуроди Абдул, донишҷӯи курси чоруми факултети

забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ. САНЪАТ: 14. Шаҳло Анварова, рақосаи ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғ. Валаматзода, донишҷӯи курси аввали шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ; 15. Замираи Солибой, донишҷӯи соли дуюми факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ; 16. Дилангез Латипова, донишҷӯи ғоибонаи соли якуми факултети омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ; 17. Саодат Боронова, омӯзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон; 18. Мақсуд Мирмуҳамедов, омӯзгори фанҳои тахассуси кафедраи

дизайни Донишкадаи саъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон; 19. Далер Гулов, омӯзгори кафедраи мусаввири дастгоҳии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон; 20. Орифамоҳ Раҷабова, донишҷӯи курси чоруми факултаи забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ; 21. Макнуна Ниёзова, сардори Маркази таълимӣ-тренинги муди “Чаманоро”; БАРНОМАСОЗӢ: 22. Аминҷон Назаров, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ; 23. Абдукарим Абдулҳалимзода, магистри курси якуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи С. Осимӣ; 24. Рамазон Нуров, магистри курси дуюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи С. Осимӣ;

25. Мирқурбон Наимов, корманди Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими ДМТ; 26. Азаматулло Тоиров, донишҷӯи курси якуми факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода; 27. Иқболхон Азизхонов, ассистенти кафедраи конҳои маъданҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон. Зимни маросими ҷоизасупорӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ғолибонро таҳният гуфта, иброз дошт: “Солҳои қабл ҷоиза ба шаш нафар дода мешуд. Бо сабаби он ки қисми зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва фаъолияту муваффақиятҳои онҳо бештар шудааст, сафи ҷоизадорон низ бештар шудааст. Ба даст овардани ҷоиза гувоҳи он аст, ки ҳар яки шумо дар соҳаи худ муваффақ гардидаед. Чун Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд, шумо - ҷавонони донишманд ва соҳибкасб имсол бо нерӯи бузург ва созандаи худ ҳарчи бештар баҳри пешбурди ин сарзамин саҳм гузошта метавонед. Соли ҷавонон барои мо имтиҳон ва масъулияти басо бузург аст, ки онро бояд бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони асили Пешвои миллат сазовору шоиста гузаронем ва ба ояндагон ҳамчун ҷашнвораи ҷавонӣ мерос гузорем”. Ба ғолибон “Диплом” ва мукофоти пулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


Боғи Рӯдакӣ – ҷаззобтарин макони сайёҳии Тоҷикистон Сомонаи бритониёии "Vouchercloud”, ки масоили саёҳат ва ҷаҳонгардиро дунбол мекунад, Боғи Рӯдакии шаҳри Душанберо макони сайёҳии аз ҳама ҷаззобтарини Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ донистааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, аксари сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, ҳатман саре ба Боғи Рӯдакӣ ва маконҳои дидании дохили боғу атрофаш, аз ҷумла, милаи 185-метрии Парчами Тоҷикистон мезананд. Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт дар майдони 8 гектар доман густурдааст. Боғ соли 2007 бар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе навсозӣ шуд.

«Сафед-Дара» пурра ба истифода дода шуд 28 декабр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми сохтмони Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.

Марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳӣ аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакон, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд. Дар маҷмаа баъди таъмиру навсозӣ ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 140 воситаи болобарандаи одамон (бугел) доранд. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои баргузории машғулиятҳои ин намуди варзиш шабонгоҳ ҳам созгор мебошанд. Ғайр аз ин, аз ҷониби ҶДММ «Сафед-Дара» дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Австрия дар масофаи 2027 метр роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ сохта шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме то 8 нафар метавонад ҷойгир шаванд. Сарвари давлат аз масъулини соҳа талаб намуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон ва тарғибу ташфиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат бештар мусоидат намоянд. Бо дарназардошти талабот ва дархости меҳмонону сайёҳон ва аҳолии мамлакат соли равон ҳамчунин дар маҷмаа биноҳои алоҳидаи дорои толори машқу тамрини бадан, саққобозӣ, ҳаммомҳои финию русӣ ва истгоҳи нигоҳдорӣ барои 400 автомобил сохта шуда, бунёди 10 хонаи алоҳидаи истиқоматӣ (коттеҷ) ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, бо дарназардошти макони ҷойгиршавии маҷмаа дар ин мавзеи дорои табиати нотакрор ва беҳамто сохтмони инфрасохтори лозима барои ташкили истироҳату фароғати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардидааст. Пас аз ифтитоҳи иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «СафедДара» Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгаро-

ни кишвар мулоқот кард. Нахуст Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос намуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, мақоми нави ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд. Президенти мамлакат ба кормандони масъули Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дастур дод, ки дар баробари ободу зебо гардонидан ва бо шароити муосири истироҳату фароғати варзишӣ таъмин намудани маҷмаа сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон фароҳам созанд. Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳҳои минтақа тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар охир Сарвари давлат бо итминон иброз дошт, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарони намудҳои зимистона ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовор мегузорад. Пас аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ҷавонон ва сокинони ноҳияи Варзоб баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ, рушди бахши сайёҳию варзиш ва эълон кардани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

3

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ШОДИХОНИ НАЗАР

Соли 2017 бо муттаҳидии ҷавонон оғоз гардид

Баъди Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд лагери ҷуҳуриявии “Мактаби рушди валантёрони ҷавон”-ро ташкил намуданд. Дар лагер, ки дар урдугоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон аз 29 декабр то 3 январ доир шуд, зиёда аз 100 ҷавон ҷамъ омаданд. Ин аввалин саёҳати ҷавонон дар соли 2017 ба ҳисоб меравад.

Сафар субҳи 29 декабр баъди мулоқоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони иштирокчӣ оғоз гардид. Аксари ҷавононро валантёрон ташкил медоданд. Ҷавонон аз фурсат истифода бурда, дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истарвшан ва Гулистон аксияҳои тарғиботӣ зери шиорҳои "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" ва пазируфта шудани ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 20182028” таҳти унвони “Мо - ҷавонон аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ифтихор дорем!” гузарониданд. Аз 30 январ дар урдгоҳи “Шоҳин” машғулиятҳо дар доираи лагери ҷумҳуриявии “Мактаби рушди валантёрони ҷавон” шуруъ гардид. Ҷавонон субҳи худро аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз намуда, то гузаштани дарсҳо оид ба рушди волонтёрӣ дар кишвар ва ташкил намудани маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зери унвонҳои “Шоми шеъру тарона”, “Шоми дӯстӣ” ҷамъбаст менамуданд. 31 декабр баҳри дидорбинии ҷавонон муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ ташриф оварда, ба онҳо дар мавзӯи “Мактаби созандагии Пешвои миллат мактаби садоқату ватандорист” дарс гузашт. Шоми 31 январ 100 нафар ҷавони

иштирокчӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани аввалин рӯзи Соли ҷавонон барномаи фарҳангии солинавиро дар сатҳи баланд пешкаши намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ намуда, аз эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ба Пешвои миллат ва ташкилкунандагони лагери мазкур минатдорӣ баён карданд. 2-юми январ иштирокчиён ба саёҳат баромада, аз осорхонаю мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд. Саёҳати ҷавонон аз Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид. Хонандагон аз Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ифтихормандӣ намуда, шодишарики иштирокчиёни лагер шуданд. Онҳо ба хотири истиқболи меҳмонон барномаи фарҳангӣфароғатии омоданамудаи худро дар сатҳи баланд пешкаши ҷавонон гардониданд. Матлуба Муинова, директори Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон ҷавононро бо шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар ва дастовардҳои шогирдонаш шинос намуд. Дар доираи саёҳат ҷавонон аз қасри Арбоб дидан намуда, оид ба ин бинои таърихӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҷавонон оид ба таърихи қаср ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ маърӯза шуниданд. Ҷавонон дар Боғи “Камоли Хуҷандӣ”-и шаҳри Хуҷанд аксияи тарғиботӣ зери шиори “Мо - ҷавонон пайравони асли Пешвои миллатем!” гузарониданд. Саёҳати ҷавонон баъди боздид аз маҷмааи “Истиқлол”, ки ба хотири 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохта шудааст ба охир расид.

Дилафрӯз Салимова, иштирокчии лагер, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода: - Яке аз иқдомҳои сазовор дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, рушди дониш ва малакаҳои зеҳнӣ, ташаккули тафаккури сиёсию мантиқӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои мухталиф бо роҳи

ихтиёрӣ (волонтёрӣ) дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидани лагерҳои омӯзишӣ мебошад. Мо - ҷавонон дар баробари дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ҷавобан ваъда медиҳем, ки бо донишҳои гирифтаамон ва бо истифода аз имконоту шароите, ки барои мо фароҳам оварда шудаанд, ояндаи Тоҷикистонро дурахшон месозем ва дар ободии Ватан саҳми босазо мегузорем.

Мадина Ғуломҳусейнова, намоянда аз ҷавонони ВМКБ: - Ман пеш аз ҳама хушбахтам, ки зодаи истиқлолиятам. Зеро истиқлолият аст, ки мо бо ҳам ҷамъ омада, дар фазои ободу осуда шодию хурсандӣ мекунем. Дар лагер дар баробари ғизои маънавӣ, инчунин дӯстони зиёдро аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ пайдо намудам. Барои ман тарзи гуфтор, расму оин, либоспушӣ ва сурудану рақсидани намояндагони минтақаҳои кишварамон бисёр аҷиб аст. Бо вуҷуди он ки мо ҳар сол Рӯзи ҷавононро ҷашн мегирем, Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд, ки хушбахтии ҳар як ҷавони кишвар аст. Мо кӯшиш мекунем, ки сазовори ин ғамхориҳо бошем.

Осим Раҷабов, намоянда аз вилояти Суғд: -Барои ман лагери ҷумҳуриявии “Мактаби рушди волонтёрони ҷавон” як таҷрибаи бузург буд. Баробари истироҳат ман малакаи миёни омма суханронӣ, малакаи роҳбарӣ, чӣ гуна ташкил намудани маҳфилҳо ва миёни кӯдакону ҷавонону пиронсолон чӣ гуна гузаронидани тағиботро омӯхтам.

Ду мард дар ҳамсоягӣ мезистанд. Яке хушзавқ, кордӯст буду дигарӣ камҳавсалаю бепарво. Боре суҳбаткунон ҳар ду аз бозор мегузаштанд. Он ҳангом, мавсими ниҳолшинонӣ буду дар бозорҳо анвои гуногуни ниҳолҳои меваҷот ба фурӯш бароварда мешуданд. Ҳамсояҳо назди ниҳолфурӯшон қарор гирифта, баъди аз назар гузаронидану пурсупос яктоӣ ниҳол хариданд. Ниҳоли себ.

Агар ҷавонӣ медонист... Ҳамсояи аввалӣ ниҳоли овардаашро ба гӯшае аз боғ, ки нури офтоб расида метавонист, шинонд. Пасон каме обаш монд ва минбаъд ба парваришу парастории ниҳолак ҷиддӣ машғул шуд. Ҳам сари вақт шодобаш мекард, ҳам зуд-зуд бехашро нарм. Ниҳолак ҳам зери ин парваришу нигаҳбонӣ қад мекашид, бузург мешуд... Азбаски инсонҳо хӯву хислати якхела надоранд, кору меҳнаташон ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Ҳамсояи дуюм ҳам ниҳоли овардаашро ба гӯшае аз боғи ҳавлиаш шинонд. Ӯ ҳам аввал заминро нарм кард, ниҳолро баъди шинониданаш об дод. Вале камтаваҷҷуҳ, ки буд, парастории ниҳолакро аз ёдаш баровард... Онҳо, ҳар ду ҳамсоя, ниҳоли якхела ва аз як фурӯшанда хариданд. Вале ниҳоли ҳамсояи аввалӣ, ки нигоҳубину ғамхорӣ дида буд, баъди солҳо меваҳои ширину шаҳдбор овард ва ҳосилаш имрӯз на танҳо коми хонаводаи соҳибашро ширин мекунад, балки ба бозор ҳам бароварда мешавад ва аз он дигарон ҳам бо хушнудӣ истифода мебаранд... ... Ҷавонон ҳам шабеҳи ҳамон ниҳолаканд. Фасли ҷавонӣ бошад, айёми пур аз тӯфону таҳлукаҳо. Ин давраро баъзе ҷавонон душвор, бо ҳазору як мушкил паси сар мекунанд, баъзеи дигар ба осонӣ. Мисли ҳар давраи дигар имрӯз ҳам масъалаҳои хосае пеши ҷавонон қарор гирифтаанд, ки муҳимтарини онҳо ташаккули шахсияти ҷавонон аст. Ҷавонон дар ҷомеа зуд ва аксар вақт бидуни меҳнату машаққат мавқеъ ёфтан мехоҳанд. Роҳеро, ки пешиниёни онҳо дар солҳои тӯлонӣ тай кардаанд, ба нуқтае, ки бузургсолон бо заҳматҳо расидаанд, ҷавонон мехоҳанд зудтар паймоянд. Хоҳиши зуд шуҳратёр шудан ҳам аз масъалаҳои хоси ҳамин давра барои ҷавонон аст. Ҳама мехоҳад ӯро шиносанд, номаш барояд, аммо кам касеро метавон ёфт, ки барои ин ҳадаф ҷиддан заҳмат кашад. Масъалаи маънавиёт, китобу китобдорӣ ё китобхонӣ, ки аз зинаҳои ибтидоии худшиносӣ талаққӣ мешавад, камранг ва метвон гуфт, комилан беранг шудааст. Арзиш додан ё худ муқаддас шумурдани оила низ аз масъалаҳои муҳими ин даврон аст, ки мутаассифона зиёд сарфи назар мешавад. Дар натиҷа, дарҳамбарҳамиҳои зиёде дар ҳаёти ҷавонон (ҳам ҷинси зан ва ҳам ҷинси мард) ба миён меояд. Ҷавони беирода наметавонад ба комёбӣ ноил гардад. Барои ҷавонон ғояву идеяҳои мушаххас буданаш даркор аст, ки муассир бошанд ва ҷавон ба он эътимод кунад. Вагарна беғояву ҳадаф ва бемақсад зистан айни тирагӣ аст барои ҷавон. Ҳамин номушаххасии ҳадаф боис мегардад, ки ҷавонон гоҳо чанг ба домони ин кор мезананд, гоҳи дигар ба домони пешаи дигар, вале дар натиҷа дар ҳеҷ яке муваффақ намегарданд. Албатта ин аз бетаҷрибагӣ аст, мебояд, ки ҷавононро раҳнамоӣ кард. Ба қавли Соиб: Гаҳ сабӯ занам бар санг, гаҳ ба пои хум афтам, Соқиё, маранҷ аз ман олами ҷавониҳост. Бар иловаи ин гуфтаҳо ҷавонон ва айёми ҷавонӣ моломоли мураккабиҳост, ки танҳо дасти роҳбалад, мураббӣ ва устоду раҳнамоеро мехоҳад. ... Зарур аст, ки ба ин қишри ҷомеа чун ҳамон боғбон ба ниҳолак ғамхориву парасторӣ намоем. Чунонки боғбон зарурати аввалияи ниҳол – обу нармиву нерӯи офтобро сари вақт таъмин кард, мо ҳам барои минбаъд насли самаровар, ба ҷомеа ва давлату миллат дархӯр ташаккул ёфтани ҷавонон бояд меҳнат кунем. Чанд соли аввал меҳнат мекунем, заҳмат мекашем, дареғ намедорем, вале дар натиҷа фоидае хоҳем бардошт, ки ҳам ба ҷомеаи мо мерасад, ҳам ба дигарон. Башир УСМОН, “ҶТ”


Номаҳои табрикии СММ ба номи Пешвои миллат ба мардуми кишвар дахл доранд Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” конфернсия баргузор шуд. Ректори донишгоҳ Имомзода Муҳаммадюсуф ду номаи табрикие, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва раиси Маҷмааи Ассамблеи генералии СММ Питер Томсон ба муносибати қабул шудани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба унвонии Президенти кишвар ирсол гардиданд, ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ иброз дошт, ки: “Фикр мекунам, ин номаҳои табрикӣ ба кулли мардуми Тоҷикистон дахл дорад. Мо ифтихор мекунем, ки пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфта, қабул гардид. Ин пеш аз ҳама аз обрӯи кишвар ва сиёсати муваффақи берунаи мо дарак медиҳад”.

ТОҶИКИСТОН – пешгоми ҳалли масоили экологӣ Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро бемориҳои гуногуни марбут ба вазъи ногувори муҳити зист нигарон намудааст. Дар ин росто ҳатто табибон, ки барои сиҳатии одамон савганд ёд кардаанд, оҷиз мондаанд. Онҳо қисмати зиёди бемориҳои ҷаҳонро марбут ба муҳити зист ва олудагии боду ҳаво, танқисӣ аз оби ошомидании тоза ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ менамоянд. Тавре аз маълумоти мутахассисони Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ бармеояд, ҳамарӯза бар асари истихроҷи дуди мошинҳо муҳити зисти ҷаҳон ифлос мегардад. Мутахассисони ҳифзи муҳити зисти аксари кишварҳои ҷаҳон аз олудагии ҳаво бонги хатар мезананд. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз ин раванди ногувор дар Ҳиндустон се пойгоҳи истеҳсоли энергия бо истифода аз ангишт баста шуд. Барои пешгирии чунин олудагӣ мебояд, ки нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Чун ҳар шахс барои зистан дар муҳити солим ва иқлими тоза ҳуқуқ дорад. Сокинони Фаронса низ аз олудагии ҳаво азият мекашанд. Зиёд шудани мошинҳои сабукрав ва истихроҷи гази карбон аз мошинҳои дизелӣ яке аз омилҳои асосии ифлос гардидани муҳити зист дар ин кишвар гардидааст. Дар шаҳрҳои калон бо сабаби набудани шамол дуди мошинҳо ба самти дигар намеравад ва вориди ҷисми одамон мегардад. Агар нисфи ҳавои ифлос марбут ба чунин олудагӣ бошад, пас 50 дарсади дигари он марбут ба корхонаҳои саноатии кишварҳои аврупоӣ аст, ки муҳити зисти Фаронсаро ифлос кардаанд. Омӯзишгоҳи экологие, ки дар пойтахти ин кишвар фаъолият мекунад, ҳамарӯза вазъи дигаргунии иқлимро дар фазои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҷаҳон баррасӣ намуда, ба хулосае омадааст, ки ҳамаи ин газҳои зараровар бар асари ҳаракати нақлиёт, фаъолияти корхонаҳои кимиёвию саноатӣ, газҳои гулхонаӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд. Дар ҳар мавсим таъсири он ба организми инсон гуногун аст.

Масалан, таъсири онҳо дар фасли тобистон нисбат ба фасли зимистон зиёдтар мегардад. Агар чунин олудагии фазо дар масофаи наздиктар ба муҳити зисти инсонҳо қарор дошта бошад, зарари он ба саломатӣ бештар мегардад. Газҳои зарароваре, ки имрӯз дар корхонаҳои саноативу мошинҳои дизелӣ ва сӯзиши ангиштсанг ба вуҷуд меоянд, қабл аз ҳама ба муҳити зисти мо роҳ меёбанд ва инсонҳо онро нафас мекашанд. Онҳо тариқи узвҳои нафаскашӣ вориди шуши инсон гардида, ҳама узвҳои даруниро фаро мегиранд. Қисме аз ин газҳо вориди қалби инсон мегарданд ва қисми дигар ба майнаи сари инсон роҳ меёбанд ва бешак ҳар шахсе ки гирифтори чунин олудагӣ аст, мубта-

лои беморӣ мегардад. Олимон дар натиҷаи тадқиқоти тулонӣ ба хулосае омадаанд, ки олудагии обу ҳаво яке аз омилҳои пайдоиши бемории саратон дар ҷаҳон мебошад. Таъсири чунин газҳо ба камшавии пиряхҳо низ мусоидат намудааст. Аз байн рафтани пиряхҳои таърихӣ дар Қутби Шимол ва ҷазираи Гренландия ба вазъи экологии кишварҳои назди уқёнус ва Амрикои Лотинӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Мутахассисони илми тибби ин кишварҳо муборизаро алайҳи олудагии обу ҳаво кори тамоми аҳли башар арзёбӣ намуда, дар ин кор иқдомоти дастаҷамъонаро зарур мешуморанд. Ба таъкиди онҳо имрӯз ҷаҳониён барои решакан

намудани вируси бемории эбола, бемории зика ва ғайра талош менамоянд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки хатари тағйирёбии иқлим низ ба саломатии инсонҳо на камтар аз ин бемориҳост. Дар ҳоле ки фазои аксари кишварҳои дунёро олудагӣ, дигаргуниҳои куллии экологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва норасоии оби тозаву ошомиданӣ ба таҳлука андохтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радиф аз ҷумлаи кишварҳое шинохта шудааст, ки барои муҳофизати ҷаҳон ва сокинонаш аз таъсири маргбори тағйирёбии иқлим тадбирҳои судманд меандешад. Он сарнавишти сокинони сайёраи Заминро ҳанӯз соли 1999 пешгӯӣ карда, дар ин самт пешвои ҳалли масоили

Баъди 15 сол буҳрони беобӣ сар мезанад Тибқи хулосаи мутахассисон имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон талабот ба об 17 маротиба зиёд гардидааст. Тахмин меравад, ки соли оянда ин нишондод се маротиба зиёд мешавад. То соли 2030 67 фоизи аҳолии сайёра ба ин мушкилӣ дучор мегардад. Дар қисмати ҷанубии Африқо қариб 40 млн. нафар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ки ин раванд боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гардидааст. Тавре мутахассисон иброз медоранд, 80 фоизи бемориҳо аз истеъмоли оби ифлос маншаъ мегиранд. Ҳамарӯза дар қитъаи Африқо 5 ҳазор кӯдак аз истеъмоли оби ифлос мефавтад. Ҳамасола талаботи аҳолии сайёра ба оби ошомиданӣ 64 млн. метри кубӣ зиёд мегардад. То соли 2030 нисфи аҳолии сайёра ба буҳрони оби ошомиданӣ дучор мешавад. Аз 75 то 250 млн. нафар танҳо ба қитъаи Африқо рост меояд. Дар ин робита то 700 млн. нафар барои пайдо намудани оби тозаи ошомиданӣ маҷбур мешаванд, манзили худро тарк намоянд. Агар дар соли 2000 норасоии об дар сайёра 230 млрд. метри кубиро ташкил медод, пас то соли 2025 ин нишондод то 2 триллион метри кубӣ мерасад. Олимон собит намудаанд, ки дар муддати 25-30 соли охир захираи оби нӯшокӣ дар ҷаҳон 2 баробар кам мешавад. Миқдори умумии об дар ҷаҳон тахминан 1400 млн. метри кубиро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор танҳо 2,5 дарсади он ва ё 35 млн. метри кубӣ оби нӯшокӣ мебошад. Ҳамасола ба миқдори 505 ҳазор метри кубӣ оби уқёнусҳо ва 72 ҳазор метри кубӣ дар хушкиҳо бухор мешаванд. Сеяки заминҳои сайёра аз беобӣ ва набудани боришот хушк шудаанд. Тибқи пешгӯии олимон баъди 15 сол дар сайёраи замин буҳрони беобӣ сар мезанад.

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

МАВЗӮИ РӮЗ

ШАҲЛО ЭШОНОВА

экологӣ дар ҷаҳон гардид. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошанд. Аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва акнун солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд. Ин иқдомоти бузург Пешвои миллати моро ба ҳайси сиёсатмадори инсондӯст ва ҳомии сокинони эҳтиёҷманду осебдидаи ҷаҳон ба ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ сохтанд. Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти экологияи сиёсӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва як қатор конфронсҳои ҷаҳонӣ, ки бо иштироки Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор кишварҳои мутараққии ҷаҳон баргузор гаштанд, бори дигар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҷаҳонро муътакид бар он сохтанд, ки Тоҷикистон метавонад фаротар аз марзу ҳудуд ва муҳити ҷуғрофии худ барои муҳофизати сайёраи Замин талош намояд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар самити оби Будапешт, ки идомаи ҳамон силсилаҳамоишҳои байналмилалии Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи об ва экология буд, аз мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масоили вобаста ба об ва экологияро муҳиму рӯзмарра мешуморад. Ӯ дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об, ҳамкориву шарикии созандаро дар ин арсаҳо тақозои замон номид. Ҳама ин иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ба хотири пешрафту ободӣ ва зиндагии шоистаи мо, сокинони Тоҷикистон мебошад. Президенти кишвар бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои самаранокии истифодаи захираи об, пешгирии хавфу хатари сар задани буҳронҳои обиву хатари тағйирёбии иқлим ва дигар масоили марбут ба об ҷалб намуд. Бешак, ҳамагон аз ҳаводисе, ки дар сар то сари ҷаҳон рух медиҳад, огаҳӣ дорем ва хуб медонем, ки тақдири инсонҳо қабл аз ҳама дар дасти худи онҳост.


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Фаъолияти волонтёрӣ равнақ меёбад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар байни ҷавонон мунтазам тавассути ташкилотҳои системаи ҷавонон ва сохторҳои маҳаллӣ тадбирҳои муҳим роҳанозӣ менамояд. Дар назди кумита 150 нафар волонтёр ҷалб гардида, пайваста саҳми худро дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ мегузоранд. Дар ин замина, кумита 20 марти соли 2016 200 нафар волонтёрро дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар ва санаи 12 майи соли 2016 100 нафар волонтёрро дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки дар “Амфитеатр”-и Боғи “Ирам” баргузор гардид, бо бейҷик ва гарданбандҳои сафед таъмин намуд. Волонтёрон дар навбати худ дар сатҳи баланд ба меҳмонон хизмат расонданд. Дар самти фаъолнокии ҷавонон давоми соли 2016 72 аксияи тарғиботӣ бо фарогирии 73648 нафар ҷавон баргузор гардида, 40 ҳазор варақаҳои иттилоотию тарғиботӣ миёни аҳолӣ, алалхусус ҷавонон тақсим карда шуд.

Ҳар кас тақдирҷунбони хеш бошад

Ҷавонон ҳамеша ба сӯи пеш нигаранд ва аз пайи иҷрои барномаи кашидаашон бошанд

Ҷавониро дар ҳар давру замон ба гунае васф кардаанд. Иддае аз мардум варо девонагӣ, қисме шуъбае аз ҷунун ва гуруҳи дигар баҳори умри инсон унвон додаанд. Аммо месазад варо “даврони шахсиятсозӣ” гуфт. Зеро ҷавониро мантиқан ҳамин унвон созгор аст. Агар илман ва шартан давраи ҷавониро аз 14-15 то 30-35-солагӣ ҳисоб кунем, пас ин давраест, ки инсон ташаккул меёбад ва то андозае хешро донишҳои фанниву касбӣ мусаллаҳ месозад. Аксари шахсиятҳои бузург дар ҳамин айём таҳсил намудаву ба мартабаҳои расида, шахсияти хешро сохтаанд. Аз зумраи ҳамин шахсиятҳо Маҳмадулло Давлатов мебошад. Ӯ тавонистааст бо пайгирӣ намудани роҳи илму дониш дар зиндагӣ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо аз устод М. Давлатов ҳамчун равоншиноси ботаҷриба ном мебаранд ва рӯзе нест, ки паси дафтари кориаш корафтодагони зиёде наоянду ёрӣ ва машварати психологӣ нагиранд. Дар воқеъ метавон гуфт, ки ҳар сухани М. Давлатов ба дарди мардум мехӯрад. Ӯ мегӯяд, “чун хурд будам, модарам аз дунё гузаштанд ва табиист, ки ин ба психологияи ман таъсири бад газошт ва ба ман зарбаи ногаҳоние зад. Чун нахустфарзанди хонадон будам, баҳри беҳтар таълим гирифтан падарам маро ба хонаи кӯдакони №53-и шаҳри Душанбе оварданд. Дар хонаи кӯдакон комилан дар як доираи муайян ва қонунҳои муайян зистан лозим ва аксари орзуву омолҳои хешро қурбонӣ бояд кард. Бо ҳамин сабаб давраи навҷавонӣ барои ман на онқадар давраи озодӣ буд ва камина гузашти навҷавониамро аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ мекардам. Ман дар он даврон мақсадҳои хеле олӣ доштам, ки яке аз онҳо дохил шудан ба мактаби олӣ буд ва фаромӯшнашавандатарин воқеа дар ҳаёти ман ҳамин аст. Яъне пас аз хатми хонаи кӯдакон ба шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистон дохил шудам. Ягона чизе, ки ба хушбахтии ман дар тамоми зиндагӣ боис гардид, ҳамин воқеа аст”. Дар мавриди айёми ҷавонӣ мегӯяд, ки воқеан ҳам давраи ҷавонӣ як давраи хеле муҳими ҳаёти инсон ба шумор меравад ва бояд ҳар кас ҷавониро аз интихоби бошууронаи касбу ҳунар оғоз намояд, то дар оянда тавонад мавқеи муайянеро дар ҷомеа пайдо кунад. Ман тамоми муваффақиятҳои дар зиндагӣ ба даст овардаамро аз талошҳои дар овони ҷавонӣ кардаам медонам. Талошу кӯшишҳои дар ҳамон давр намудаам, сабаб гардид, ки имрӯз соҳиби обрӯ ва мақому манзалате дар ҷомеа бошам ва маро ҳамчун равоншинос ва мутахассиси

варзида шиносанду эътироф намоянд. - Шумо факултети шарқшиносиро хатм кардед. Чӣ боис гашт рӯй ба равоншиносӣ биёред? - Ҳангоме, ки дар донишгоҳ таълим мегирифтем, ба мо дар курси сеюм аз фанни психология низ дарс мегуфтанд ва ман ба ин фан бениҳоят мароқ зоҳир кардам. Пас аз мулоҳизаҳои зиёд ба чунин хулоса омадам, ки ин илми одамшиносӣ аст. Илмест, ки инсонро ҳамаҷониба меомӯзад ва зимни он муносибату муоширатро ба роҳ мемонад. Бинобар ин, аз ҳама бештар дар пайи омӯзиши илми психология шудам. Аз курси сеюм корҳо ва мақолаҳои илмӣ доир ба илми психология иншо мекардам ва аз ҳамин ҷо роҳ ба сӯи ман кушода шуд ва тақдири ман бо ин илм тавъам гардиданд. Хушбахтона, пас аз хатми донишгоҳ давоми 44 сол аст, ки дар кафедраи психологияи ДМТ ба ҳайси омӯзгор фаъолияти илмӣпедагогиро пеш бурда истодаам. - Нисбат ба солҳои пеш илми психология имрӯз дар Тоҷикистон рушд дорад? - Агар пешравии илми психологияро имрӯз ба чанд соли пеш қиёс кунем, фарқ аз замин то осмон аст. Зеро дар даврони шӯравӣ илми психология ҳамчун назария шинохта ва таълим дода мешуд на амалия. Аз даврае, ки истиқлолият дар Тоҷикистон пойдор шуд, нақшаҳои таълимӣ тағйир ёфтанд ва зарурати психологияи амалӣ ба миён омад. Мардумро аз ҳар ҷиҳат аз нуқтаи назари психологӣ ёрӣ расонидан лозим омад ва солимгардонии ҷомеаро бояд ба миён мегузоштем. Бояд шаҳрвандонро чунин тарбият мекардем, ки онҳо барои ҷомеаи нав мувофиқ ва дорои тафаккури замонавӣ мегардиданд. Маълум аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик як рӯҳияи шикаста доштанд ва лозим омад, ки илми психология рушд кунад, то равоншиносон тавонанд рӯҳияи мардумро барои эъмори як давлати миллӣ солим намоянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, имрӯз психологияи амалӣ ба дараҷаи бениҳоят баланд инкишоф ёфта истодааст. Бо дарназардошти ҷомеаи нав илми психология ҳам дар роҳи инкишоф қадамҳои устувор гузошта истодааст. Хушбахтона, имрӯзҳо боварии мардум низ ба равоншиносон зиёд гардидааст, ки ба рушди илми равоншиносӣ

заминаи мусоиде фароҳам меорад. - Ба назари Шумо омили номуваффақӣ ва ҳадаф надоштани ҷавонон дар зиндагӣ чист? - Вақте, ки дар бораи муваффақият ва комёбиҳо мегӯем, бояд дар назар дошт, ки худи ҷавон муайян кунад, ки чаро комёб нашуд. Агар воқеан ҳам худ ҳамин масъаларо таҳлил кунад, сабабаш дар худи ӯст. Ё касб нагирифтааст, ё соҳибҳунар нест ё соҳибмаълумот ҳам бошад, маълум мешавад, ки ба таври ҷиддӣ ҳамон соҳаро аз худ накардааст ва имрӯз донишу маҳорат ва малакаи касбӣ надорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки касе дар ҳақиқат ва ба таври воқеӣ соҳибҳунару соҳибкасб аст ва мувофиқ ба ихтисосаш донишу малакаи касбиро доро бошад, дар дилхоҳ масъала муваффақ шуда метавонад. Бояд ҷавон шикояту нолиданҳоро ҳаргиз ба унвони нафари дигар не, балки ба худ равона созад ва аз муваффақияту шикастҳояш ба худ суолгузорӣ намояд. Ҳаминро таъкид кардан зарур аст, ки ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ ва шебу фарози он шикоят накунад. Шахси шикваангез ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад. Пӯшида нест, ки мо

Бояд ҷавон шикояту нолиданҳоро ҳаргиз ба унвони нафари дигар не, балки ба худ равона созад ва аз муваффақияту шикастҳояш ба худ суолгузорӣ намояд. Ҳаминро таъкид кардан зарур аст, ки ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ ва шебу фарози он шикоят накунад. Шахси шикваангез ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад.

имрӯз як ҷомеаи нав бунёд карда истодаем ва тамоми шароитро дар як лаҳза муҳайё кардан душвор аст, аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки ба як касб ва як ҳунар иктифо накунанду касбу ҳунарҳои зиёдеро аз бар намоянд, то дар мавридҳои гуногун дар роҳи муваффақият гом бардошта тавонанд. - Шумо имрӯз дар соҳаи хеш ҳамчун мутахассиси варзида яке аз муваффақҳо ба ҳисоб меравед. Асрори комёбиҳои шумо дар чист? - Инсон бояд ба таври ҳамешагӣ нақшаи дурнамо дошта бошад ва чуноне пештар ёдовар шудам, ман аз даврони таҳсили мактаби миёна нақшаи дурнамо доштам ва мувофиқи ҳамон бояд ба мактаби олӣ дохил мешудам ва хушбахтона ба ин комёб гардидам. Асосгузори равияи логотерапия (маънодармонӣ) Виктор Франклии олмонӣ чунин андеша дорад, ки “инсон ҳамеша ба сӯи маъно мутаваҷҷеҳ бояд бошад ва донад, ки баҳри чӣ зиндагӣ мекунад. Дар он сурат, ҳар гуна мушкилӣ ва монеаҳое, ки дар раванди ба мақсадрасӣ пешорӯи ӯ мешаванд, онҳоро тоб оварда метавонад ва паси сар мекунад”. Ман тамоми мушкилоти зиндагиамро ҳамин тариқ паси сар кардаам, яъне дар пайи маънои зиндагиам будам. Тавсияи ман ба ҷавонон ҳамин аст, ки онҳо бояд ҳамеша ба сӯи пеш нигаранд, ҳаёташонро барномарезӣ кунанд ва ба таври пайваста аз пайи иҷрои барномаи кашидаашон бошанд. Бинобар ин метавон гуфт, ки тақдири ҳар кас дар дасти худи ӯст ва ҳар кас бояд тақдирҷунбони хеш бошад ва тақдири худро худ таъбир кунад. - Ташаккур барои суҳбати самимӣ! - Саломат бошед.


Биржаи меҳнатии ҷавонон 600 нафарро бо кор таъмин кард Давоми соли 2016 КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе 28 ярмаркаи ҷойҳои холии корро бо фарогирии 15700 нафар доир намуд. Дар ярмаркаҳо 3100 ҷойи кор дар дохил ва 310 ҷой дар хориҷи кишвар пешниҳод шуд. 370 нафар ба ҷойи кор дар дохил ва 230 нафар ба ҷойи кор дар хориҷ таъмин гардиданд. Биржа бо 8 ширкати яхмосбарории “Новосибхолод” - и шаҳри Новосибирск, ООО “КАРПОВКА”-и вилояти Волгоград, Ширкати аграрии вилояти Челябинск – гармхонаҳо, корхонаи коркарди пластикии шаҳри Краснодар ва заводи фанербарории шаҳри Қазони Федератсияи Русия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. Аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар вилояти Суғд 214, вилояти Хатлон 276, шаҳри Душанбе 22, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 64 ярмаркаи ҷойҳои холии кор доир карда шуданд.

Қарни бисту як. Ҷавонон чӣ гуна манфиатҳо доранд, ба кадом корҳо машғул шудан мехоҳанд? Ба саволҳои мазкур кӯтоҳ ҷавоб додан мушкил аст. Бо ҳамин сабаб мухтасар ва аз рӯи виҷдон ҷавоб медиҳем.

Ҷавонон аз зебоиҳо лаззат баранд Мушкилоти ҷавонон дар тамоми замонҳо мавриди ташвиши ҷомеа будааст, ҳатто замоне, ки пирони муосир ҷавон буданд ва волидони онҳо низ ҳамагӣ ҳаждаҳ сол доштанд ва ҳамаи онҳо роҳи ояндаашонро интихоб мекарданд. Мушкили асосии ҷавонон он аст ки оянда аз онҳост. Вале дар байни асри мо ва асри гузашта ихтилофҳо вуҷуд дорад. Он чизе, ки барои пиронсолон муқаррарӣ менамояд, дар назари ҷавонон хандаовар аст. Ҳамин тавр, ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Вале ба назари мо чунин мерасад, ки калонсолон хато мекунанд, онҳо манбаи мушкилотро меҷӯянд, ҳол он ки манбаи мушкилот намоён аст. Эҳтимол сабаби чунин ихтилоф он аст, ки ҷавонони муосир камтар масъулиятшиносанд, ё масъулиятшиносӣ дар онҳо то ҳол пурра ташаккул наёфтааст. Вақте шумо ҳаждаҳ сол доред, ба назаратон чунин менамояд, ки тамоми ҳаёт ҳанӯз дар пеш аст ва бо ҳамин сабаб, агар хатое содир кунед, онро дар оянда метавонед ислоҳ намоед, зеро вақт доред. Имрӯз мушкилоти нашъамандӣ ва радикализм ба масъалаҳои ташвишовари ҷомеа табдил ёфтаанд. Ҷавонони роҳгумзадаю ба касе нолозим роҳи ҳалли мушкилашонро дар нашъамандӣ ё пайвастан ба ҷараёнои ифротӣ мебинанд. Ба назари ин ҷавонон чунин мерасад, ки як бор маводи нашъадорро санҷанд, коре намешавад. Вале мо медонем, ки чунин нест. Табибон мегӯянд, ки ҳатто як сӯзандору маводи нашъадор метавонад ба одати якумрӣ табдил ёбад. Нашъамандон одамонеанд, ки худашон тақдирашонро муайян менамоянд, зеро баъди одат кардан ҳаёташон зери хатар мемонад. Маҳз дар ҳалли ҳамин мушкил кӯмаки равонӣ ва тиббии калонсолон зарур аст. Хушбахтона, мушкили нашъамандӣ тавассути тадбирҳои давлатӣ ҳал мешавад. Масъалаи дигаре, ки ба нашъамандӣ робита дорад, масъалаи худмуайянкунии ҷавонон дар ҳаёт ва гумроҳшавии онҳо мебошад. Ин мушкил дар ҳақиқат ташвишовар аст. Одаме, ки боварӣ ба худ ва қувваи худашро аз даст додааст, одами пеш аз ҳама барои худаш хатарнок аст. Ба чунин одамон кӯмак расондан вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад. Максимализми (гарданшахӣ) ҷавониро ҳавасманд гардондан лозим нест, зеро ба ҷавонон одате хос аст, ки чизеро ё лозим ё нолозим медонанд. Беҳтараш ба ҷавонон дар вазъи оромона фаҳмондан лозим аст, ки ҳар рӯзи ҳаёташон қадаме ба самти ягон кори муҳим гузоранд. Бовар кунед, баъд аз шасту панҷ қадам онҳо комилан ба шахси дигар табдил меёбанд. Решаи ҳар гуна мушкилот дар равони инсон нуҳуфтааст ва агар вай хоҳад, ки дар ҳаёташ чизеро тағйир диҳад, бояд пеш аз ҳама худашро тағйир диҳад. Ҷавонони имрӯза ба таҳсил шавқу рағбати калон дошта, ташнаи дониш мебошанд. Ин хосияти хуби ҷавонон аст. Одамони зиёде вомехӯранд, ки ҳадафи ҳаётӣ доранд ва якбора дар чанд мактаби олӣ таҳсил мекунанд, вақти холигиашон кор мекунанд. Чунин одамон низ мушкил доранд, зеро онҳо дар ватани худ ҷойи кори мувофиқ пайдо карда наметавонанд. Баъд аз соҳиби дипломи мактаби олӣ шудан ба маоши кам тоқат накарда, ба хориҷа мераванд. Зеро гумон мекунанд, ки дар хориҷа одамони донишманд ба одамони зарурӣ табдил меёбанд, онҳоро дар соҳаҳои муҳандисӣ, донишкадаҳои гуногун ба кор мегиранд. Оё чунин аст? Албатта дар макони нав одамонро зуд ба кор намегиранд, онҳоро чун дар ватани худ эҳтиром намекунанд. Мушкилоти ҷавонони муосир дар ҳақиқат гуногунҷабҳа мебошад. Ҷавонони муосир нисбат ба ҳамсолони солҳои 60 ва 70-и асри гузашта калонсолтар менамоянд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷавонони муосир зуд боақл шуда, ба воя мерасанд. Нафаре аз байнашон пеш меравад, дуюмӣ хато мекунад. Ҳатто одамоне, ки хато мекунанд, лоиқи эҳтиром мебошанд. Дар маҷмӯъ, ҷавонони муосир соҳиби бисёр сифатҳои хуб мебошанд. Дар сафҳои ҷавонон донишҷӯён, одамони машғули кор, ҷавонони сарватмандро мебинем. Худи ҳамин далели хурсандиовар аст. Зеро баъд аз чанд сол ҳамаи онҳо ба ҷойи калонсолон меоянд. Имрӯз бигузор онҳо зиндагии хуб дошта бошанд ва аз зебоиҳои ҳаёт лаззат баранд. Ноилаи АБДУЛФАТТОҲ, “ҶТ“

Зебоиофар Касбе, ки нозукиҳои бештар дорад, рассомист

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

АЗ ҲАЁТИ ҶАВОНОН

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Кӯдакӣ. Аҷаб замони хубу зебост. Бозиҳои фараҳбахшу фаромӯшнашуданӣ. Аз ин айёми рангину ҷаззоб хотироти зиёде инсонро ҳамсафар мегардад. Чун он ибтидои умр асту орзуҳои бузургтар дар дунёи кӯдакӣ тавлид мешаванд. Давоми зиндагии минбаъдаро амалигардонии орзуву умедҳои даврони тифлӣ дар бар мегирад. Маҳз дар ин даврон инсон меҳр, муҳаббат, садоқат ва дӯстиро меомӯзад.

Пас аз он ки модараш аз доштани истеъдоди рассомии ӯ воқиф мегардад, ба муаллимааш мегӯяд, ки барои оянда ба роҳи мазкур рафтани фарзандашон фикр мекунанд. Вале пас аз гузаштани муддате модараш розӣ намешавад, ки ӯ рассомиро интихоб намояд. Аз ин қарори модар ноумед гардид. Вақте мактаби миёнаро хатм кард, дар таътили тобистона ба хонаи бобояш ба шаҳри Кӯлоб рафт. Рӯзе модараш занг зада, гуфт, ки дарҳол ба пойтахт биёяду ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи рассомӣ супорад. Ин иқдоми волидонашро ӯ тӯҳфаи беҳтарин дар ҳаёташ меҳисобад ва як умр аз хотираш нахоҳад баровард. - Рассомӣ бениҳоят душвор аст. Агар шахс ҷиддӣ набошад, ҳеҷ кореро ба анҷом расонида

ин роҳ аст. Ба назари ӯ, вақте варақи тозаро мегиред, бояд табъ хира набошад. Ба қавли устодон, ҳангоми ба рассомӣ машғул шудан, бояд муҳити рассомии худро бисозед. Чунки вақте муҳити хуб надошта бошиву табъат хира бошад, асари хуб эҷод карда наметавонед. Дар баробари ин барои он ки расми тасвирнамудаатон писанди бинанда ояд, лозим аст, ки тамоми маҳорату истеъдод ва вуҷуди хешро ба ҳамон расм бубахшӣ. Дар ин ҳолат метавонӣ чизи дилхоҳеро рӯйи авроқи сафед биёрӣ, ки дигарон аз диданаш ҳаловат баранд. Омадан пас ба коллеҷ тамоми таваҷҷуҳашро барои рассоми хуб шудан равона сохта, зери роҳбарии устодаш Далер

Ин айёми рангоранги даврони зиндагиро Мафтуна хеле хотирмон сипарӣ намудааст. Ҳар гоҳ ки бо дугонаҳояш ба бозӣ машғул мегардид, пас аз муддате дар каноре нишаста, ғарқи тамошои манзараи мазкур мешуд. Чун одат доим дар даст коғазу қалам дошт ва нишастан замон ба рӯйи авроқи сафед дунёи иҳотакардаи хешро бо тахайюлоти кӯдакона тасвир месохт. Лаҳзаҳои бозии дӯстони хурдсолашро ба қалам медоду пас аз ба охир расидани даву тозашон онро ба онҳо нишон медод. Дӯгонаҳо сеҳри хомаи ӯро дар рӯйи коғаз дида, аҳсант мегуфтанду офарин. Дар дабистон баҳри нерӯ бахшидан ба орзуҳояш доим фаъол буд. Ҳар ҳафта бесаброна дарси санъати тасвириро интизор шуда, аз устод вобаста ба он ки чи тавр метавон расми хубтару беҳтар кашид, кунҷкобӣ мекард. Чун аз чор фасли сол баҳорро бештар дӯст медорад, дар ин айёми шукуфтанҳо ва зинда гардидани табиат ба илҳом омада, дар гӯшаи танҳоӣ ҳар рангу зебоии ин фасли мафтункунандаро тасвир мекунад. Мафтунаи Амиршоҳ соли 1998 таваллуд шуда, имсол хатмкунандаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов мебошад. Аз ин истеъдоди ғайриоддияш нафаре аз аъзои оила хабардор набуд ва худ низ намехост, то аз доштани ҳунараш огаҳ шаванд. Бо гузашти рӯзҳо истеъдоди ӯ низ зиёд мегардиду таваҷҷуҳ ба ин самт бештар. Рӯзе ҳангоми дарс дар мактаби миёна муаллимаи фанни алгебра аз доштани чунин истеъдодаш огоҳ гардида, волидонашро низ огоҳ месозад.

наметавонад. Касбе, ки аз ҳамаи дигар пешаҳо нозукии бештар дорад, рассомист. Инсон, агар меҳнатталаб набошад ва ҷиддану сидқан ин пешаро қабул накунад, пас наметавонад, ки рассом шавад. Аз омӯзишҳои пайваста бароям имконият фароҳам омад, ки аз мағзи касби рассомӣ огаҳ гардам”, - мегӯяд Мафтуна. Мушоҳидаи манзарае, ки сабаби рӯ овардани ӯ ба пешаи рассомӣ гардид, ҳаргиз аз хотираш фаромӯш намегардад. Боре ҳангоми сайр дар гулгашти зебову дилрабо кӯдаки хурдсолеро дид, ки бо сагчае бозӣ мекунаду ҳар ҳаракату рафтори сагча ӯро сахт шод месохту самимӣ механдонд. Пас аз дидани манзараи мазкур нерӯе ботинашро такон медиҳад, то ӯ қалам ба даст гираду манзараи дидаашро тасвир созад. Пас аз ин ӯ дигар қаламро аз даст раҳо намесозаду то имрӯз бо меҳру муҳаббати ҳақиқӣ равонаи

Меҳтоҷов нозукиҳои ин ҳунарро омӯхт. Бештар тасвир намудани манзараҳои зебои диёри биҳиштосоро дӯст медораду онро бо дилгармии махсус тасвир месозад. 17 ноябри соли ҷорӣ дар яке аз намоишҳои рассомие, ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, гӯшае аз онро чакидаҳои қалами ӯ оро дода буд. Ин нахустин намоиши расмҳои ӯ ба шумор мерафт, ки барояш аз ҳама чизи дунё қимат буд. Доир ба маҳорату истеъдоди ӯ устодаш Далер Миҳтоҷов чунин ибрози назар кард: “Муддати чор сол аст, ки бо ӯ кор мекунам. Духтари қобилиятнок аст. Мафкураи васеъ дорад. Агар аз хоҳиши худаш чизеро сохтан ва ё тасвир карданӣ бошад, метавонад ба муваффақият ноил гардад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар оянда яке аз рассомони хуб шуда, баҳри рушди ин соҳа саҳми арзанда мегузорад”.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

237 медали варзишӣ дар соли 2016

159 чорабинии варзишӣ дар соли 2016

Бо мақсади дарёфти роҳхат ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилиа ва таъмин намудани иштироки варзишгарони дастаҳои мунтахаб ба дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ соли 2016 бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 318 варзишгар, аз ҷумла 33 бону ба 51 чорабинӣ бо харҷи 1 631 622 сомонӣ сафарбар гардиданд. Дар натиҷа, ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 237 медал, аз ҷумла 66 тилло, 76 нуқра ва 95 биринҷӣ ворид карданд.

Бо мақсади пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дарёфти беҳтарин чеҳраҳо давоми соли 2016 159 чорабинии варзишӣ (нисбат ба соли 2015 30 чорабинӣ зиёд), аз ҷумла, 25 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 134 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 8 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯён баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳо 12486 варзишгар, аз ҷумла 1567 бону (нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 3512 варзишгар, аз ҷумла 71 бону зиёд) фаро гирифта шуданд.

Унвонҳои варзишӣ насибӣ кӣ гашт? Бо фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгароне, ки меъёрҳои варзиширо иҷро намуданд, бо дараҷа ва унвонҳои варзишии Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ сарфароз гардиданд. Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Акмали Акромиддин - бокс 2. Мадкамов Фахриддин Юсупович - шиноварӣ 3. Раҳимов Алишер Абдукаримович - шиноварӣ 4. Сариқулов Мирзоёр Ҳасанович - ҷудо 5. Сафаров Умар Исломович - ҷиу-ҷитсу 6. Ҳалимов Бахтовар Ҷамшедович - ҷиу-ҷитсу 7. Соҳибназаров Лутфулло Раҷабалиевич - ҷиуҷитсу 8. Ҳасанов Мақсуд Раҳматшоевич - ҷиу-ҷитсу 9. Каримов Акмал - ҷиу-ҷитсу 10. Беҳрӯзи Тоҳир - ҷиу-ҷитсу 11. Олимов Шуҳратҷон Муҳиддинович - ҷиуҷитсу 12. Раҳимов Абдураҳмон - ҷиу-ҷитсу 13. Гадоева Фотима - ҷиу-ҷитсу 14. Бобоева Малика - ҷиу-ҷитсу 15. Самариддини Муҳаммадюсуф - ҷиу-ҷитсу 16. Иматов Акбар Дилбаршоевич - ҷиу-ҷитсу 17. Набиев Сорбон Амриддинович - ҷиу-ҷитсу 18. Болтаев Абдумалик - бокс

Шавкатҷон унвони қаҳрамониашро нигоҳ дошт Шавкатҷон Раҳимов дар сабқати бокси касбӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар вазни аввали сабук бар Ролдан Алдеа аз Филиппин ғалаба кард ва унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth)-ро нигоҳ дошт. Шавкатҷон аз раунди аввал ташаббусро ба даст гирифт ва баъди силсилаи зарбаҳои сахту нишонраси ӯ дар раунди дуюм довари ринг қувваозмоиро қатъ кард ва дасти муштзани тоҷикро боло бардошт. Ёдовар мешавем, Шавкатҷон Раҳимов моҳи ноябри соли равон дар сабқати бокси касбӣ дар вазни то 59 кило бар Ҷерри Кастроверде аз Филиппин ғалаба карда буд. Баъди силсилаи зарбаҳои нишонраси Шавкатҷон дар раунди панҷум

ДУХТАРОНИ ТОҶИК дар Ҷоми "Challenge Trophy" сеюм шуданд

Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Воҳидов Шаҳзод Давлатхоҷаевич - ҷудо 2. Файзиев Абулқосим Пулодович - ҷудо 3. Маҳмудов Афзалхон Қосимович - тенниси рӯи миз 4. Маҷидов Ҷаҳонгир Ҳотамович - ҷудо 5. Даминов Мустафо Абусатторович - қайиқронӣ 6. Раҷабов Некрӯз Фирӯзович - қайиқронӣ 7. Шарипов Рамазон Мирвалиевич - муай-тай 8. Раҳматов Муҳсин Маҳмудович - зӯрозмоиҳои универсалӣ 9. Абдулҳаев Сорбон Шамсиддинович - гӯштини тарзи озод 10. Шарипов Муҳаммад Олимбекович қайиқронӣ 11. Боқиев Суҳроб Рустамович - ҷудо 12. Абдуллоев Ҷамолиддин Наҷмиддинович - ҷудо 13. Вайсов Амин Уктамович - шиноварӣ 14. Холов Панҷшер Сафаралиевич - К-1 15. Саидов Шамшер Сафаралиевич - К-1 16. Назриев Шарифҷон Хайруллоевич - ҷудо 17. Ғайратов Нусратулло Олимович - К-1 18. Мирзомуҳаммад Бахтиёр - бокс 19. Маҳмадиев Суҳробҷон Валиҷонович - ҷудо 20. Орипов Фарҳод Маҳмадмуродович шиноварӣ 21. Шарипов Абдулваҳоб - каратэ-до 22. Азизов Сухроҷ - гӯштини тарзи озод Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ 1. Абдураҳимов Абдумаҷид Абдуалиевич қайиқронӣ 2. Нурмуҳаммад Тоҳир - қайиқронӣ 3. Набиев Зоҳирҷон Тоҳирович - қайиқронӣ 4. Муродов Акмал Сулаймонович - ҷудо 5. Раҳмонов Ҳоҷимашраб Иброҳимович - ҷудо 6. Алиев Эраҷ Муслиҳиддинович - кикбоксинг 7. Ҷунайдуллозода Ҳабибулло - каратэ-шотокан

қувваозмоӣ қатъ ёфт ва муштзани тоҷик ба унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth) мушарраф гашт. Шавкатҷон Раҳимови 22-сола айни ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ ва дар мусобиқот Тоҷикистону Русияро намояндагӣ мекунад. Вай ҳашт қувваозмоӣ карда, дар ҳамааш дастболо шудааст. Аз ҷумла дар шаш қувваозмоӣ бо нокаут ғолиб омадааст.

Дастаи мунтахаби мамлакат, ки аз ҳисоби духтарони солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҳандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро ишғол кард.

ХАТЛОН -2 – ғолиби мусобиқаи шамшерзанӣ Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Маҷмаи варзишии “Андоз” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшерзанӣ байни мардон ва занон баргузор гардид. Дар мусобиқа се даста Хатлон -2, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

дон

Ғолибони мусобиқа: Аз намуди сабял-кадети байни мар1. Алиҷон Ҳақдодов – Душанбе 2. Маҳмуд Шарипов – Хатлон-2 3. Рамзиёр Камолов – Хатлон-2 Аз намуди сабял-кадети байни занон 1. Замира Даурова – Хатлон-2 2. Манижа Зардиева – Хатлон-2 3. Хуршеда Тиллоева – Хатлон-2

Аз намуди шпага байни мардон 1. Бекназар Нуров – Хатлон-2 2. Далер Одинаҳмадов – Хатлон-2 3. Муҳаммадҷони Хайриддин – Хатлон-2 3. Роман Шаймонов – Душанбе

Ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи ҳандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҳандбол баргузор карданд. Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Мунтахаби Ӯзбекистон, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби бонувони Туркманистон ҷойи дуюмро сазовор гашт. Дастаи Тоҷикистон, ки бар тими Қирғизистон ғолиб омада, аз дастаҳои Ӯзбекистону Туркманистон мағлуб гашт, ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Дар сабқати писарон низ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуд, ҷойи аввалро касб кард. Дастаи Қазоқистон ҷойи дуюм ва Туркманистон ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Тоҷикистон дар ҷои чорум ва дастаи Қирғизистон дар ҷои панҷум қарор гирифтанд.


Доварони бозии «Ҳосилот» – «Шоҳин Осмоӣ» таъин шуданд Бозии ҷавоби даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот”-и Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ”-и Афғонистонро ҳайати доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд. Довари майдон рефери 31-солаи FIFA Моуд Бунёдифард таъин шудааст. Дар ду тарафи майдон ба ӯ Саид Алинажодиёни 40-сола ва Алӣ Мирзобегии 36-сола кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ рефери 29-солаи FIFA Ҳайдар Паём мебошад. Нозири доварон Аҳмад Ёқуб Муҳаммад Ҷумъа аз АМА, комиссари бозӣ Жаргал Сухбаатар интихоб шудаанд. Бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2017 миёни “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” 7 феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегардад. Бозии аввал 31 январ ба нақша гирифта шудааст, аммо ҷои баргузорӣ ҳанӯз маълум нест.

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

«Истиқлол» – «Ҳосилот»: мусовӣ дар зери борон 27 декабрӣ соли 2016, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор, ки соли оянда шарафи футболи кишварро дар Ҷоми КФО-2017 ҳимоя мекунанд, барои бозии санҷишӣ рӯи майдони сабз баромаданд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо ҳисоби 2:2 поён ёфт. Дар ҳайати тими Душанбе голҳоро Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Алиев, дар ҳайати тими Фархор бошад, Муҳаммадҷони Ҳасан ва Сафаралӣ Каримов заданд. Барои “Истиқлол” ин якум бозӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев буд.

“Вавилон”, “Соро компания”, “Истиқлол” - ғолибони мусобиқаи футзал Мусобиқаи зимистона оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозингари дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Ирригатор”-и Душанбе бо пирӯзии тимҳои «Соро компания» (миёни бозингарони касбӣ), «Вавилон» (байни алоқамандон) ва Академияи «Истиқлол» (миёни собиқадорон) хотима ёфт. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори 25-ум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 25-уми декабр ба анҷом расид. Дар сабқати дастаҳои касбӣ «Газпром» ва «Соро компания» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Замони асосӣ бо ҳисоби 3:3 ба поён расид. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян карда шуд. Футболбозони «Соро компания» бо ҳисоби 5:4 пирӯзӣ ба даст оварданд. Барои ҷойи сеюм «Вавилон» дастаи «Бонки миллӣ»-ро бо ҳисоби 11:7 шикаст дод. Дар сабқати дӯстдорони футзал

«Вавилон» дар бозии ниҳоӣ бар «Динамо» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Барои медалҳои биринҷӣ дастаи Кумитаи андоз бар тими ФФТ бо ҳисоби 10:4 ғолиб омад. Дар сабқати собиқадорон дастаи Академияи «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ бар тими «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Барои ҷойи сеюм «Ирригатор» дастаи «Роҳи тоҷик»-ро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод. Бозигарони беҳтарин дар дастаҳои касбӣ Мансур Эргашев («Бонки миллӣ»), Файзалӣ Сардоров

(«Вавилон»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания») ва Хуршед Маҳмудов («Газпром») дониста шуданд. Дар байни алоқамандон Фирӯз Бозоров («Вавилон»), Самар Солеҳзода («Динамо» ВКД), Рустам Хоҷаев (ФФТ), Самад Шоҳзуҳуров (Кумитаи андоз) ва дар миёни собиқадорон Алишер Тӯйчиев (Академияи «Истиқлол»), Сӯҳроб Ҳамидов («Ирригатор»), Раҳматулло Фузайлов («Динамо» ВКД) ва Искандар Сафаров («Роҳи тоҷик») беҳтарин дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Тими «ҷавонон» (U-18) ҳамоиши аввалашро бо пирӯзӣ бар КМВА “Помир” ба анҷом расонд Дар доираи омодагӣ ба мусобиқа ба хотираи Валентин Гранаткин тими мунтахаби ҷавонони то 18-солаи кишвар 29 декабр бо дастаи КМВА “Помир”-и Душанбе бозии санҷишӣ гузаронд. Вохӯрӣ, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гашт, бо ғалабаи тими “ҷавонон” анҷом ёфт - 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 41 Далер Ёдгоров зад. Ин дуюм вохӯрии дастаҳо буд. Бозии санҷишии аввал мусовӣ - 1:1 хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, ҳамоиши якуми омӯзишӣ-машқии тими мунтахаби ҷавонони мамлакат ба анҷом расид. Ҳамоиши дуюми даста, 2 январ оғоз гардида, то 7 январ идома меёбад. Сипас даста ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карда, дар 29-ум мусобиқаи байналмилалии футбол ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин, ки 8-21 январ баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар мусобиқа 16 дастаи соли таваллудашон 1999 ва аз он хурд бо ҳам қувва месанҷанд. Рақиби аввали тими мунтахаби ҷавонони кишвар тими ҷавонони Юнон мебошад. Ин вохӯрӣ 8 январ ба нақша гирифта шудааст ва соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Футболобозони ҷавони кишвар 10 январ дар баробари дастаи Булғористон ба майдон мебарояд (оғози бозӣ - соати 16:15 бо вақти Душанбе). Ҳарифи ниҳоии тими ҷавонони мо дар даври гурӯҳӣ тими ҷавонони Эстония аст, ки 12 январ бо ҳам қувва месанҷанд (оғоз - соати 14:00). Дар сурати аз гурӯҳ баромадан тими “ҷавонон”-и кишвар бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” - Латвия, Белорус, Русия, Ҳиндустон - вомехӯрад.

Мураббиёни нави “Истиқлол” киҳоянд? Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон, ҳайати мураббиёнашро таҳти роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев барои мавсими соли 2017 муайян намуд. Сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиевро дар омодасозии даста ба мусобиқаҳо се мураббӣ - Небойша Топалов, мутахассиси 43-сола аз Сербия, Алишер Тухтаев, собиқ сармураббии “Барқчӣ” ёварони сармураббӣ, Александр Кулаков, мураббии 60-солаи латвиягӣ мураббии дарвозабонҳо кӯмак хоҳанд кард. Бо ин мураббиён 28 декабр шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.


10

ХОВАЛИНГ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

РУШДИ САЙЁҲӢ

САОДАТ ИСМОИЛӢ

Дидани моли таърих хастагиро рафъ мекунад

Маҳфуз нигоҳ доштани олоти қадима дар хонаҳо зинда нигоҳ доштани таърихи гузаштаи худ ба ҳисоб меравад. Мо аз таърих медонем, ки ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо лавозимоти рӯзгорро аз чӯбҳо ва оҳанҳо сохта, истифода мебурданд. Нишонаи ин олоти дастиро имрӯз мо дар осорхонаҳо мебинем. Баробари дар осорхонаҳо маҳфуз нигоҳ доштани ашёи таърихӣ ба назар мерасад, ки шаҳрвандони кишвар низ имрӯз ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Нозимҷон Усмонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз зумраи нафаронест, ки зиёд ба ашёҳои қадимаи халқи тоҷик эҳтиром дорад. Меҳр ва шавқи зиёди ӯ боис ба он гардид, ки як ҳуҷраи хонаи истиқоматиашро ба музей табдил диҳад. Вақте аз дарвозаи калон вориди хонаи амаки Нозимҷон гардидем, дидем, ки деворҳои хонаи ӯ бо нақши қадима оро ёфта, ҳамзамон дар деворҳо кӯзаҳои қадима овехта шудааст. Дар шафати хонамузей бошад, сабадҳо овезон буд. Амаки Нозимҷон мегӯяд, 10 сол мешавад, ки ба хонамузейи худ ашёи қадимаро ҷамъ меоварад. Аксари ашёи таърихии хонамузейи амаки Низомҷонро мероси модаркалон ва бобояш, ки иштирокчии ҶБВ буд, пур кардааст. Дар баробари ин, худи ӯ низ аз дасти мардум ашёи қадимаро харидорӣ намуда, дар музей ҷамъ овардааст. Ҳар моҳ ин хонамузейро 1015 нафар ба таври ройгон тамошо мекунанд. Ҳамчунин, устодони донишгоҳҳо ва таърихнигорони шинохта барои корҳои илмиашон ин хонамузейро истифода мекунанд. - Сайёҳони хориҷӣ низ ба дидани хонаи ман омаданд ва гуфтанд хонаи як тоҷикро бинед, ки таърихи халқашро зинда нигоҳ медорад. Ҳамчун сайёҳи хориҷӣ аз ин хона шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дидан кардаанд. Онҳо гуфтанд, халқи тоҷик чӣ қадар таърихи бой дорад ва шаҳрвандонаш ба таърихи худ эҳтиром мегузоранд ва хонаи худро мисли хонаҳои дав-

раи пеш оро додаанд, - гуфт Н. Усмонов. Сайёҳи рус ба дафтари қайди хонамузей чунин навиштааст: “Удачи и успехов в таком хорошем и полезном деле, как создание таких замечательных народных домовмузеев. 8.08.2014. А. Алсу, зам. директор ЦЦСО”. Дар ин хонамузей зиёда аз 320 намуди лавозимот ва ашёи қадима нигоҳ дошта мешавад. Қариб ҳамаи ашёҳо нодир ҳастанд ва баъзе ашёҳо таърихи зиёда аз 1000сола доранд. Ин ҷо қариб 15 намуди кӯза, табақҳои сафолин, чанд намуди қошӯқи чубин, табақҳои аз чӯб сохташуда, ки имрӯз аксар вақт барои истеъмоли шакароб ва қурутоб аз он истифода мекунанд, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувози майда ва калон, кафшҳои қадима, қайчӣ барои буридани танаи дарахт ва матоъҳо, тарозӯи давраи қадим, лаҷом ва зин барои асп, асбобҳо барои шудгори

Дар хонаи дигари амаки Нозимҷон китобмон ва муқаддасоти миллӣ маҳфуз аст. Китобҳои давраи қадима, ки дастӣ, бо хати форсӣ навишта шудаанд ва таърихи зиёда аз 200-сола доранд, дар ин ҷой нигоҳ дошта мешаванд. Дар тарафи дигари хона нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷойгир аст, ки аз чӯб сохта шудааст. - Дидани моли таърих хастагиро аз ман дур мекунад ва ҳар гоҳ ки аз ташвиши зиндагӣ монда мешавам, дар ин хона саёҳат мекунам. Ин хонаро ман бо шавқи худ бунёд кардам. Дидорбинии мардум ва сайёҳон аз хонаи ман бисёр маро хуш омад, - нақл кард амаки Нозимҷон. Аҳрорхон Хоҷаев, муттахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, ин амал барои рушди туризми дохилӣ мусоидат мекунад. Аз ҷиҳати дигар, сохтани хонамузей ҳисси дӯстдорӣ нисбат ба Ватан ва муҳаббати шаҳрвандонро ба арзиҳшои миллӣ

замин, ба монанди чок, бел ва омоч вуҷуд дорад. Хонаи амаки Нозимҷон инчунин дорои чароғ, соат, пандус, китобмон, ручкаи давраи пеш, сандуқча барои нигоҳ доштани лавозимоти арӯсон, ҳамзамон чанд намуди матоъҳои миллӣ, ки бо нақш ва нигори миллӣ оро ёфтааст, ҷомаи зардӯзӣ барои мардон, куртаи чакан барои занҳо, рӯймолҳо, тоқиҳои ироқии дастӣ ва тоқӣ барои мардон мебошад.

меафзояд. Ташкил кардани хонамузей диққати сайёҳонро низ ҷалб мекунад. Нозимҷон Усмонов дар озмуне бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишвар дар Душанбе иштирок намуда аз рӯи номинатсияи хонаи беҳтарин ҷойи сеюмро ба даст овард. Ҳамчунин, дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ низ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, соҳиби мукофот гардидааст.

Минтақаи Ховалинг бо шароити хуби табиӣ, иқлим ва олами бойи набототу ҳайвоноташ аз дигар минтақаҳо фарқ дорад. Заминаш бо намӣ хуб таъмин буда, барои нашъунамои набототи гуногун қулай мебошад. Барои рушди базаи агротуристӣ дар Ховалинг тамоми шароит мавҷуд мебошад.

Саёҳат дар деҳот дар ҷои дуюм аст

Дар сурати таъсис додани базаи туристӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидории “Саёҳат” минтақаи Ховалинг метавонад ба мавзеи дӯстдоштаи ҳаводорони агротуризм табдил ёбад. Барои ин модели иқтисодии рушди туризми деҳотро таҳия кардан лозим. Зимнан, туризми деҳот дар ҳар мавзее, ки захираҳои бою қулайи табиӣ дошта, мардумаш соҳиби расму анъанаи ғанӣ ҳастанд, метавонад рушд ёбад. Дар аксар кишварҳо саёҳат дар деҳот баъди истироҳат дар соҳили баҳр дар ҷои дуюм меистад. Агар “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг ба роҳ монда шавад, фоидаи аз ҳисоби рушди ин соҳа бадастомада баҳри ҳифзи табиати нодир ва ғанишавии муҳити фарҳангии он сарф хоҳад шуд. Муҳити ороми фазои деҳоти ин ҷо барои истироҳат қулай аст. Кӯҳҳои сарсабз, ҷангал, садои мурғони хушилҳон, кӯлу дарёчаҳои ин минтақа ба кас таъсири оромибахши эмотсионалӣ мерасонанд. Баҳри фаъолияти босубот ва рушди соҳаи “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг инфрасохторе бунёд кардан лозим аст, то ба ду талаботи асосӣ – шароити зарурии иқомати туристон ва хизматрасонии босифати сокинони маҳаллӣ ба сайёҳон ҷавобгӯ бошад. Дар ин мавзеъ саёҳат ба деҳот тавассути мошин, велосипед ва аспро дар бар хоҳад гирифт. Ҳамчунин метавон зистан дар меҳмонхонаҳои хурд (“ҳомстей”)-ро ба роҳ монд. “Туризми сабз” боздид аз деҳот, табобат бо лойқаю чашмаҳои шифобахш, зиёратгоҳу марказҳои фарҳангиро фаро мегирад. Ғайр аз ин, рушди “туризми сабз” ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, ки “туризми сабз” қисман бо пешниҳоди хизматрасонии меҳмонхона алоқаманд мебошад. Симои асосии амалкунанда дар ташкили истироҳат дар деҳот оилаҳое хоҳанд буд, ки хоҷагии шахсӣ ё деҳқонӣ доранд. Таъсири рушди “туризми сабз” дар беҳтаршавии шароит ва сифати зиндагии аҳолии деҳот эҳсос хоҳад шуд. Чунончӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои занони деҳот боиси болоравии сатҳи зиндагии онҳо мегардад. Сарварони меҳмонхонаҳо барои фароҳам овардани шароити беҳтар ба сайёҳон ғайр аз пешкаш намудани манзил ва ғизоҳои безарару табиӣ як қатор тадбирҳои дигарро метавонанд амалӣ созанд. Масалан, омода кардани ғизо аз маҳсулоти хоҷагии ёрирасон (наздиҳавлигӣ)-и худ рӯёндашуда. Оббозӣ дар манбаъҳои оби наздиктарин, кироя додани асбоби варзишӣ, моҳидорӣ ва ғайра, иштирок дар тайёр намудани маҳсулоти ҳунармандӣ (сабадбофӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, табақтарошӣ...), ошноӣ бо расму анъанаҳои маҳаллӣ (тӯйи арӯсӣ, хатнасур, идҳои миллию мазҳабӣ), ҷалб намудан ба корҳои саҳро (чаронидани чорво, алафдаравӣ, ҷамъоварии ҳезум, ниҳолшинонӣ), ташкили машғулиятҳои шавқовар (зиёрати чашмаҳои шифобахш, заврақсаворӣ, моҳидорӣ, мушоҳидаи зисти парандагону ҳайвонот), саёҳат ба кӯҳсор (кӯҳнавардӣ) ва ғайра истироҳати сайёҳонро рангин месозад. Баҳри ташкили туризми босифат омода кардани туроператорон, роҳбаладони донандаи ду-се забон муҳим аст. Робита бояд бо ширкатҳои туристӣ бардавому устувор бошад. Зеро ширкатҳои туристӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ метавонанд ҳаводорони “туризми сабз”-ро ба минтақа ҷалб намоянд. Бо ин мақсад таҳияи филму роликҳои видеоӣ, омода кардани буклетҳои тарғиботӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои туристӣ низ муҳим ва зарур аст. Фаррух АБДУВОСИЕВ, номзади илмҳои иқтисодӣ


Донишҷӯи соли Хатлон муайян гардид Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон озмуни «Донишҷӯи беҳтарини соли 2016»-ро, ки бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқат эълон карда буд, ҷамъбаст намуд. Озмун дар се давр баргузор шуд: навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ), саволу ҷавоби тестӣ ва навиштани иншо. Дар натиҷа, ҷои аввал насиби Муҳаммадазиз Ҳамроев - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гардид. Меҳрубон Сунатуллоев - донишҷӯи Донишкадаи технологияҳои информатсионӣ ва менеҷмент ҷойи дуюм ва Сорбон Солеҳов - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ҷойи сеюмро сазовор шуда, бо “Диплом” ва “Сипоснома”-и Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

АФСОНА кӯдакро тарбия мекунад

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Инсон пас аз таваллуд аз модар, падар, бибӣ, бобо ва дигар хешовандон ҳар чизеро, чи нек асту чӣ бад, мешунавад ва меомӯзад. Яъне барои рушди кӯдак пеш аз ҳама нақши хонавода муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳар хонавода фолклори хос дорад. Дар маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ «Фарҳанги мардум», ки дар факултети филологияи ДМТ амал мекунад, ҳамин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифт. Равшан Раҳмонӣ дар бораи фолклори хонавода, ки то имрӯз дар кишвари мо ба таври ҷудогона омӯхта нашудааст, сухан гуфта, аҳамияти гирдоварӣ ва дар оянда таҳқиқ кардани онро барои аъзои маҳфил фаҳмонд. Маълум шуд, ки барои камол ёфтани фарзандони ҳар хонавода матнҳои аллаи модар, таронаҳои навозишӣ, бозиҳои кӯдакона, тезгӯякҳо, афсонаҳо, чистонгӯӣ ва зарбулмасалу мақол аҳамият доштааст. Дар маҳфил донишӯён дар бораи фолклори хонаводаи худ сухан гуфтанд. Анораи Азиз (донишҷӯи курси 2), ки аз ноҳияи Файзобод аст, дар бораи хонаводаи худ гап зад. Маълум шуд, ки дар ин хонавода сурудҳои алла, чистонгӯӣ, латифа, шугун (фоли нек), бахусус афсонаро зиёд мегуфтаанд. Ӯ ҳамчун намуна чанд латифае, ки аз хешовандонаш шунидааст, нақл кард. Донишҷӯи курси як Соҷида Маҳмудова, ки аз ноҳияи Панҷакент аст, дар бораи фолкори хонаводаи худ сухан гуфт. Дар хонаводаи онҳо таронаҳои хурдсолон, аллаи модар, бозиҳо, зарбулмасалу мақол зиёд будааст. Дар хурдсолӣ модару падар аз тариқи бозӣ барои фарзандон нақлҳои ҷолиб мекардаанд. Дар ин хонавода ҳар корро бо дуои нек шуруъ мекардаанд. Модар, падар, бобову бибӣ аз хурдсолӣ афсона, қисса, нақлу саргузаштҳои ҷолиб мегуфтаанд. С. Маҳмудова гуфт, ки пас аз нақли ҳар матн модар ва падар насиҳат мекардаанд, ки аз ин гуфтаҳо панд гиред, кори бад одамро ба роҳи бад мебарад, кори нек, амали нек одамро хушбахт месозад. Нигора Орифова (донишҷӯи курси 2) зодаи Истаравшан аст. Нигора низ дар бораи фолклори хонаводаи худ, ки то имрӯз модараш саргузашту ҳикоятҳои ҷолибе мегуфтаанд, барои аъзои маҳфил бо мисолҳо сухан гуфт. Дар ин хонавода бобою бибӣ низ барои наберагон саргузаштҳои ҷолиб мегуфтаанд. Дар маърӯзаи Фирӯз Холиқов (курси 4) оид ба мавқеи жанри саргузашт дар хонавода изҳори назар шуд. Ӯ ба таври мушаххас дар бораи жанри саргузашт, ки намунаҳои онро аз хешовандонаш сабт кардааст, сухан гуфт. Маълум шуд, ки саргузашт яке аз жанрҳои муҳим будааст. Бо шунидани нақли саргузашти модар, падар, бобо, бибӣ ва дигар хешовандон фарзандон бо таърих, шаҷара ва дигар ҳодисаҳои хонавода ошно мешудаанд. Баъзе саргузаштҳое будаанд, ки аз шуниданаш гиряи кас меомадааст ва ба дили одам меҳру шафқат бедор мекардааст. Дар маҳфил ҳамчун мисол баъзе латифаҳо,

дуоҳо, зарбулмасалҳо ва унвони афсонаву қиссаҳо оварда шуд. Маълум шуд, ки зарбулмасалаҳои «шохи дарахти мевадор хам аст», «меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ», «фарзанди нек боғи падар, фарзади бад доғи падар», «луқмаро калон гиру гапро не», «пеш аз асп охур набанд», «ҷомаи бемаслиҳат кӯтоҳ намеояд», «давидани гусола то каҳдон» имрӯзҳо низ дар хонаводаҳо маъмул буда, барои тарбияи фарзандон нақши муҳим доштааст. Дар маҳфили «Фарҳанги мардум» баҳсҳо ҷолибанд. Диққикати аъзои маҳфилро афсона ҷалб кард. Дар натиҷа, бо хоҳиши донишҷӯён дар маҳфили навбатӣ масъалаи «Афсона дар хона» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аввал устод Равшан Раҳмонӣ дар бораи аҳамияти тарбиявии афсона дар хонавода сухан гуфт. Ишора бар он кард, ки солҳои охир дар хонаводаҳо барои фарзандон нақл кардани афсона хеле суст шудааст. Ҳоло ки дар кишварҳои пешрафтаи дунё агарчи анъанаи афсонагӯӣ аз байн рафтааст, вале падару модар барои фарзандаш ҳар шаб афсона нақл мекунад, ё аз китоб мехонад. Ба гуфти устод, то синни мактабравӣ дар кишварҳои хориҷӣ кӯдак 500 ва ҳатто аз ин ҳам бештар афсона мешунавад. Донишҷӯён дар бораи он ки дар хонаводаҳои онҳо падару модар, бобою бибӣ ва дигар хешовандон чи гуна афсона ва қисса мегуфтаанд, суханронӣ карданд. Маълум шуд, ки имрӯзҳо низ дар баъзе хонаводаҳо барои фарзандон афсона мегуфтаанд. Афсонаҳои «Бузаки Ҷингилапо», «Лаку Пак», «Дувоздаҳ бародарон», «Духтари Ҷасур», «Кали Зирак», «Модари ӯгай», «Донак», «Бибигамбусак» имрӯзҳо низ дар байни мардум шуҳрат доштааст. Дар ҷамъбаст устод Равшан Раҳмонӣ гуфт, он донишҷӯёне, ки аз хешовандони худ дар хурдсолӣ афсона шунидаанд, зирак, ҳушёр ва дониши хуб доранд. Донишҷӯёне, ки аз хурдсолӣ афсона нашунидаанд, дар таҳсил ҳам суст ҳастанд. Дар охир мувофиқи мушоҳидаҳо ишорат шуд, ки ҳоло ҳам калонсолон дар деҳаҳо ва ҳатто гоҳе дар шаҳрҳо афсона мегуфтаанд. Аз ин рӯ, аъзои маҳфил тасмим гирфтанд, ки афсонаҳои аз бобою бибӣ ва дигар калонсолон шунидаашонро сабт намоянд ва пешкаши хонандагон кунанд. Абубакр ДАВЛАТОВ, Ҳилолҷон ҚУРБОНОВ, донишҷӯёни факултети филологияи ДМТ

ХУДКУШӢ аз сустиродагист Ҳодисаҳои номатлубро имрӯзҳо дар ҳар қадам вомехӯрем. Худсӯзӣ, худовезӣ ва даст ба худкушӣ задани ҷавононро дида, ноҳинҷор мешавам. Одамон, вақте ки даргири мушкилӣ мешаванд ва барои ҳалли он роҳи ҳал намеёбанд, дар миёни ду роҳ мемонанд. Вақте ки дар ҳалли он мушкил худро оҷиз дармеёбанд, чорае ҷуз худкушӣ намебинад, ки фикрест иштибоҳ ва роҳест хато. Ҷон амонати Худованд аст, ҳар вақте хост медиҳад ва ҳар вақте ирода кард, мегирад. Воқеан ҳайрон мешавам, зани ҷавоне, ки тифли ширхӯр дорад, аз тарси шармандагӣ даст ба худкушӣ мезанад. Вақте он зан ба ҷони ҷавони худ раҳм намекунад, аз куҷо фикри тифли ширхӯраро хоҳад кард. Зиндагӣ майдони мубориза аст. Бояд мубориза бурд, барои муваффақ шудан фикр кард, на барои худкушӣ. Дар ҷангал ҳайвони бузургтар барои зинда мондани худ ҷони ҳайвони дигарро мегирад. Ин қонуни табиат аст. Зиндагӣ аст, ки пастию баландӣ, талхию ширинӣ, гармию сардиҳо дорад. Зиндагӣ ҷодаи ҳамвор нест. Аз ҳар афтиданҳо бархестанро бояд омӯхт. Дасту бозӯ бояд қавӣ бошад, то набарди зиндагӣ туро мағлуб нагардонад. Баъзе ҷавонони мо сустиродаанд, тарбияи нодуруст гирифтаанд. Вақте бепул мемонанд, ҳамон лаҳза бо роҳи ҳаром маблағ ба даст оварданро фикр мекунанд. Даст ба дуздӣ мезананд ва вақте даргири мушкилӣ мешаванд, роҳе намебинанд ҷуз ба худкушӣ даст задан. Бо даст задан ба худкушӣ мушкил ҳал намешавад, балки меафзояд. Одами ба худкушӣ дастзада ҳар ду дунёи худро аз даст медиҳад, дар ин дунё овозаҳо пушти сараш зиёд мешаванд. Яке падарро, дигар модарро, яке бародарро, дигар хушдоманро ва ақрабои наздики вайро дар маргаш гуноҳкор мешуморанд. Обрӯи хонавода дар ҷамъият паст мешавад. Бояд кӯдак аз хурдӣ ба зиндагӣ дилгарм бошад, орзу дошта бошад ва барои расидан ба он кӯшиш намояд. Варзиш, ҷисму рӯҳи солим, ҷомеаи солим, падару модари тарбиятгар бошанд, ин ҳодисаҳо кам рӯй медиҳанд. Касе, ки дар оила ва ҷомеа тарбия дидаву ба камол расида бошад, фикраш аз ҳодисаҳои номатлуб орӣ аст. Атобой УМАРОВ, донишҷӯи соли 1-уми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

МАЪЛУМОТИ “ҶТ”

Марказҳои ҷавонон дастгирӣ меёбанд Яке аз механизмҳои устуворгардонии фаъолияти марказҳои ҷавонон дар шароити имрӯза дастгирӣ ва маблағгузорӣ гардидани лоиҳаҳои дархостии онҳо дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли 2016 барои фаъолияти Маркази ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи барнома 10830 сомонӣ, Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб 28529 сомонӣ, Маркази ҷавонони Данғара 25000 сомонӣ, Маркази ҷавонони Шаҳринав 13060 сомонӣ ва Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе 120000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Илова бар ин, Маркази ҷавонони Данғара бо имконоти ҷавонон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Ҷавонони қадим чӣ бартарӣ доштанд? 9 нафаре, ки дар 30-солагӣ корнамоиҳои таърихӣ нишон додаанд Дар замони муосир, хоса дар Ғарб аксари ҷавонон дар сисолагӣ оиладор мешаванд ва зиндагии алоҳида ва мустақилро ихтиёр мекунанд. Дар замони қадим ва асрҳои миёна вазъият куллан дигар буд. Нафаре дар синни 10-солагӣ аллакай артишеро роҳбарӣ мекарду дигаре дар 20-солагӣ ҳокими нисфи ҷаҳон мегашт.

ИСКАНДАРИ МАКЕДОНӢ Шоҳи Македония, лашкаркаш офарандаи як қудрати ҷаҳонӣ ва бунёдгузори ин давлати бузург буд. Ҳанӯз дар замонҳои атиқа Искандар ҳамчун яке аз сарлашкарони бузургтарини таърихӣ машҳур гардид. Дар 20-солагӣ ба сари тахт омад. Тамоми Юнонро тобеи худ намуда, Империяи Форсро ба пуррагӣ зери тасарруф даровард ва ба Ҳиндустон лашкар кашид. Шаҳрҳое, ки Искандари Македонӣ бунёд намудааст, дар замони мо низ аз шаҳрҳои калонтарини як қатор мамлакатҳо маҳсуб меёбанд. Искандар дар 32-солагӣ вафот кард. НАПОЛЕОН БОНАПАРТ Наполеон дар натиҷаи табаддулоти давлатие, ки аз ҷониби ӯ ба вуқуъ пайваст, ба сари ҳокимият омад. Ӯ реҷаи мутааддиро барқарор намуда, қариб тамоми ҳокимияти Фаронсаро зери тасарруф даровард. Он замон ӯ 30 сол дошт. КАРЛИ БУЗУРГ Шоҳи франкҳо, лангобардҳо ва императори Ғарб буд. Карл ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш мақоми бузургиро касб намуд. Маҳз тавассути номи ӯ сулолаи Пипинидҳо минбаъд номи сулолаи Каролингҳоро гирифт, ки чанд садсола ҳукмронии Аврупоро бар дӯш дошт. Карл вақти ҳокимиятро ба даст гирифтанаш ҳамагӣ 21-сола буд. ЖАННА Д,АРК Ин қаҳрамонзани фаронсавӣ яке аз фармондеҳони қӯшунҳои Фаронса дар сад соли ҷанг буд. Ӯ ба дасти бургундиҳо асир афтод ва онҳо ӯро ба англисҳо доданд, ки аз дасти онҳо бо ҷурми бидъаткорӣ маҳкум карда ва дар оташ сӯзонда шуд. Баъдан сафед карда шуда, муқаддас эълон гардид ва дар калисои католикӣ дар радифи муқаддасот шуморида шуд. Ҳангоми вафот карданаш ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт. АЛЕКСАНДР НЕВСКИЙ Князи бузург ва лашкаркаши рус буд. Соли 1242 яке аз муҳорибаҳои машҳуртарини Александр бо номи “Муҳорибаи болои ях” ба амал омад, ки дар он артиши муттаҳидаи русҳо қувваи бузурги ордени Ливонский (ритсарҳои олмонӣ)-ро шикаст доданд. Қӯшунҳои олмонӣ ба маркази низоми ҷангии русҳо зарбаи шадид заданд, аммо баъдан аскарони савораи князӣ аз чоноҳҳо (қанотҳо) зарба зада, муҳорибаро хотима бахшиданд. Тибқи солноманависии Новгород русҳо олмониҳоро ба масофаи 7 чақрим дар болои яхи кӯли Чуд думболагирӣ намуданд. Дар он лаҳзаҳо Александр 22сола буд. АВГУСТ ОКТАВИАН Август Октавиан набераи бародари

Юлий Сезар буд. Вақте дар 18-солагиаш мефаҳмад, ки Сезар баъди вафоташ ӯро меросхӯри худ намудааст, дарҳол қӯшунро ҷамъ меорад, то ҳуқуқҳояшро эълон намояд. Дар соли 44 пеш аз мелод ӯ бо дастгирии артиши 4-ҳазорнафараи худ ба шаҳри Рим дохил шуда, қотили Сезарро ақиб менишонад ва Марк Антонияро душман эълон мекунад. Август Октавиан дар 19-солагӣ ба ҳайати сената (мақомоти олии идораи давлатии Рим) шомил карда шуда, фармондеҳи артиш таъин гардид. Минбаъд ӯ императори (сипаҳсолори) якуми Рим шуд. ГАННИБАЛ БАРКА Лашкаркаши Карфаген, ки ба ҳайси яке аз лашкаркашони машҳур ва ходими давлатии замони қадим шинохта мешуд. Ганнибал дар 9-солагӣ савганд ёд кард, ки душмани ашаддии Рим мешавад ва то лаҳзаи марг ба ин савганди худ содиқ монд. Ӯ дар 26-солагӣ сарфармондеҳи қӯшунҳои Испания таъин гардид. Ҳамон вақт ӯ силсилаюришҳо ва ҳамлаҳои истилогаронаи худро шуруъ намуд. Ҳамагӣ дар муддати ду сол ӯ ба якчанд қабилаҳои он замон зафар намуда, тавонист, ки обрую нуфузи Карфагенро дар тамоми ҳудуди Иберия ва берун аз он баланд бардорад. ЧИНГИЗХОН Асосгузор ва шоҳи бузурги империяи Муғулистон, ки қабилаҳои парокандаи муғулҳоро муттаҳид сохт; лашкаркаше, ки ба Чин, Осиёи Миёна, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҳуҷумҳои истилогарона анҷом дода буд. Ӯ асосгузори бузургтарин империя дар таърихи башарият дониста шудааст. Ҳатто баъди қариб ҳазор сол низ дар қитъаи Авруосиё номи Чингизхонро ҳамагон дар ёд доранд. Мавриди зикр аст, ки Чингизхон нахустин ғалабаи худро бар қабилаи меркитҳо ҳанӯз дар 20-солагиаш ба даст овард. Меркитҳо аз нахустин қабилаҳое буданд, ки ба империяи Чингизхон шомил гардиданд. ЭРНАН КОРТЕС Истилогари испаниягӣ, ки Мексикаро фатҳ намудаву сохти давлатдории атстекҳо (ҳиндуёни Мексика)-ро несту нобуд сохт. Маҳз бо шарофати ӯ дар Аврупо бори нахуст соли 1520 ҷавҳари ванил ва шоколадро истеъмол намуданд. Кортес ҳанӯз дар синни 25 дар ҳайати экспедитсияи фатҳи Куба зери роҳнамоии Диего де Веласкес иштирок намуд. Дар 34-солагӣ бошад, худаш фотеҳу истилогари машҳур гардида, Мексикаро фатҳ намуд ва давлати қадимаи атстекҳоро ба пуррагӣ торумор кард. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Одамон чӣ мехӯранд?

Ҳаёти инсонро бе ғизо ва об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Касе аниқ гуфта наметавонад, ки одам дар тули ҳаёташ чӣ қадар ва кадом ғизоҳоро истеъмол мекунад. Чун ин рақамҳо аз шумораи дақиқи одамон, аз маҳалли зисти онҳо, даромади онҳо ва дигар омилҳои имконпазир вобаста буда метавонанд.

Аммо олимон тадқиқот гузаронда, ба хулосае омадаанд, ки одам тақрибан дар муддати 70 соли ҳаёти худ метавонад зиёда аз 50 тонна маҳсулоти хӯрока ва 42 ҳазор литр моеъ истеъмол намояд. Ин 50 тонна маҳсулоти хӯрокаро чунин тақсимбандӣ кардан мумкин аст: 2 тонна гӯшт, 7 тонна нон, 1 тонна равған, 4 тонна таомҳои лазизи аз гӯшти мурғ ва моҳӣ омодашуда, 5 тонна картошка, 5 ҳазор дона тухми мурғ. Ба ин ҳама хӯрокҳо 500 кило намак илова карда мешавад. Ғайр аз ин, як нафар қариб 10 ҳазор қанду шоколад истеъмол карда метавонад, ки агар онҳоро болои ҳам чинем, ба баландии бинои 5-ошёна баробар хоҳад шуд. Одам қариб 75 ҳазор пиёла чой менӯшад, ки баландии он қариб ба 10 манораи телевизиони Останкино баробар мебошад. Як одами калонсол ба ҳисоби миёна дар як дақиқа қариб 25-30 маротиба мижа мезанад. Аз ин мебарояд, ки як нафар дар тули ҳаёт 5 соли умри худро бо чашмони пӯшида мегузаронад. Мардҳо дар тӯли ҳаёти худ 250 ҳазор калимаро талаффуз мекунанд. Занҳо бошанд, 1,7-2 маротиба зиёдтар ҳарф мезананд. Як нафар дар тӯли ҳаёташ 7163 маротиба шустушӯ мекунад, ки барои ин қариб як миллион литр об, 656 лундаи собун, 198 шишаи шампун, 272 дезодорант, 276 лулачаи хамираи дандон, 78 чуткаи дандоншӯӣ, 37 шишаи атр, 25 адад шишачаи лак барои нохунҳо сарф мешавад. Як нафар дар давоми умраш 25 ҳазор километр роҳро пиёда ва 730 ҳазор километр роҳро савора тай менамояд. Барои ин сайру саёҳатҳо қариб 55 ҳазор литр сӯзишворӣ лозим мешавад. Як нафар ба ҳисоби миёна 314 маротиба ба духтур муроҷиат намуда, тақрибан 30 ҳазор ҳаб (таблетка) истеъмол менамояд. Одам ба ҳисоби миёна 77 ҳазор дона сигор мекашад. Як нафар дар тӯли ҳаёти худ ду ҳафтаро барои бӯсобӯсӣ сарф мекунад. Занҳо тақрибан як соли ҳаёти худро барои интихоби сарулибос ва зару зевари мувофиқ ва мардҳо қариб як соли умри хешро барои тамошои ҷамоли занҳо сарф мекунанд. Як нафар тақрибан панҷ моҳи ҳаёташро бо гапзанӣ тавассути телефон сарф мекунад. Занҳо дар тули ҳаёти худ тақрибан 2 ҳазор маротиба гиря мекунанд, ин амал дар мардҳо 5 маротиба камтар ба назар мерасад. Одам дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8 соат мехобад, пас тақрибан сеяки умри худро дар хоб мегузаронад.


Стратегияи миллии мубориза бо терроризм мавриди иҷро қарор дорад Парлумони кишвар чанде пеш Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро тасвиб кард. Бори аввал дар як санади расмӣ ҳимояи ҳуқуқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон дар роҳи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ маънидод шудааст. Стратегияи миллии мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм аз чор бобу 126 модда иборат аст ва таҳиягарон талош кардаанд, ба кулли роҳҳои мубориза бо ин ду зуҳурот таъкид кунанд. Бо талошҳои Ҳукумати кишвар дар ду соли охир мавҷи пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ шуд. Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар порлумон дар шарҳи ин барнома гуфт, стратегия тақвияти корҳои фаҳмондадиҳии хатарҳои ифротгароӣ ва терроризм барои сокинон, наҳваи мубориза бо он, ҳалли мушкили иқтисодӣ дар ҳаёти ҷавонон ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар кишварро дар назар дорад.

Вобаста ба вазъияту шароите, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ба амал омадааст, самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳоро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ташкил медиҳанд. Пеш аз ҳама, экстремизм сарчашмаи амалҳои муғризонаи терроризм ба ҳисоб рафта, ба экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, маънавӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти хос мебошанд, аммо онҳоро зуҳуроти таҷовузкорона, харобкорӣ, бераҳмона ва дигар амалҳо, ки ҳадафи возеҳ надоранд, бо ҳам мепайвандад.

ТАФАККУРИ БАЛАНД

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

аслиҳаи бузургест алайҳи роҳҳои хатарзо

Амалиёти экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз қабили шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва дигар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ оғоз ёфта, ахиран бо терроризм хотима меёбад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо қариб тамоми кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар харитаи сиёсӣ зери ин ду ном, яъне «терроризм» ва «экстремизм» хатти сиёҳ кашида истодааст. Маҳз яке аз сабабҳои асосии ин хатти сиёҳ зери номи як қатор мамлакатҳо экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Экстремизми динӣ қатъиян эътироф накардани ғояҳои дини дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Бояд гуфт, ки на фақат дар ислом, балки дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ амалҳои экстремистӣ мушоҳида мешавад. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф

намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсад ва моҳияти асосиаш барпо намудани ҳокимият аз болои ҷахони ислом ва сипас, тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳони имрӯза аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид экстремизми динӣ мебошад. Чун масъала сари дину мазҳаб меравад, бояд қайд кард, ки ягона динеро, ки аз он барои чунин равияҳои гуногуни ифротӣ истифода мекунанд, дини мубини ислом аст. Яке аз хусусиятҳои тамаддуни имрӯз ин аст, ки дину мазҳабҳо, ақидаҳо ва гурӯҳҳои зиёди иҷтимоиву сиёсӣ дар он ба вуҷуд омадааст ва аксар касоне, ки каме саҳми худро дар пешрафт ва тамаддун мебинанд, зуд бо истиқлоли фикрии худ мазҳаб (дин) ва низомеро ба манофеи худ ҳамоҳанг сохта, мардумро ба он ҷалб мекунанд. Оё чунин истиқлоли фикрӣ метавонад оммаро ба интихоби дине водор созад, ки рӯҳан ба он розӣ бошанд? Аксари онҳое, ки худро мусулмон

мешуморанду ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои ба ном исломӣ шомил мегарданд, динро аз падарони худ ба ирс гирифтаанд. Медонанд мусалмонанд, аммо намедонанд чӣ гуна?! Ин хақиқатест ошкоро ва инкорнопазир. Дар асри ҷадид, ки донишу маорифи башарӣ ба авҷи худ расида, зарурат дорад, ки фикру ақли башарӣ аз қайди асорати тақлид озод шавад ва аз рӯи илму дониш, далелу бурҳон динеро интихоб намуда бошанд, ки ба сиҳату дурустии он итминон дошта бошанду масоил ва мавзӯоти он бо далоили илмӣ таъйид шуда бошад. Мутаассифона, на фақат дар мо, балки аксари мардуми ҷаҳон ҳанӯз ба ҳақиқати пок ва азамати дини ислом ноошно мебошанд, дар ҳоле ки ҳар инсон баҳрае аз илму дониш дошта бошад, бояд ин покизагиро дар худ дарк кунад. Албатта, мо медонем, ки фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, амсоли «ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Гурӯҳи-24» дар қаламрави мо ғайриқонунӣ эълон карда шудаанд, вале таҳлили сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки бисёре аз аъзои чунин гурӯҳҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои экстремистию террористиро қувваи бузурги ҷавонон ташкил медиҳанд. Воситаҳои асосии таъ-

Инсоният сабақ нагирифтааст

Нигоҳ доштани аслиҳа дар дасти аҳолӣ ба терроризм мерасонад Инсоният дар умри хеш ҳодисаҳои мушкилро, аз қабили ҷангҳои пай дар пай ва вайронкориҳо аз сар гузаронидааст. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо ҳанӯз барои инсон сабақ нашудааст. Дар тули қарнҳо одамон бо сабабҳои ҳархела, аз касалиҳои гуногуну офатҳо нест шудаанду мешаванд, бо вуҷуди ин, ба куштори маҷбурии якдигар даст мезананд. Ба хусус тавассути террор. Террор калимаи лотинӣ буда, маънои тарсу даҳшатро дорад. Террор аҳолиро ба тарсу воҳима андохта, то ба нестӣ мерасонанд. Террор дар намудҳои индивидуалӣ, оммавӣ, куштори сиёсӣ барин иқдомҳо амалӣ мегардад. Террор дар шакли иқтисодӣ низ зоҳир мегардад. Чунин намуди террорро дар Ирландия ташкил карда, аҳолиро ба гурӯснагӣ расониданд. Ин намуди террорро тирамоҳи соли 1992 сокинони минтақаи Кӯлоб аз сар гузаронид. Дар натиҷаи тараққиёти илм ва техника шаклу усулҳои замонро омӯхта, дар намудҳои гуногун террорро тараққӣ медиҳанд. Яке аз намудҳои даҳшатноки терроризми имрӯза он аст, ки давлатҳои абарқудрат дар дохили давлатҳои миллие, ки боигарии зеризаминиашон афзун аст, байни аҳолӣ тухми кинаю адоватро нисбат ба сохти давлатдорӣ ва роҳбари давлат кошта, бо пул ҷавононро

ба майдонҳо мекашонанд. Мисоли равшани татбиқи террори давлатӣ аз соли 2011 дар давлатҳои Миср, Сурия, Либия мебошад. Дар давоми ду соли охир иқтисодиёти ин мамлакатҳо ба сатҳи паст расид. Давлати Украина низ ба ин монанд шуда метавонад. Терроризм бо мақсадҳои зерин ташкил карда мешавад: - Миллатгароӣ, ки он шакли сепаратӣ ё бо мақсади муборизаи озодихоҳии миллат равона карда мешавад. - Динӣ. Барангехтани низоъ байни динҳо, ҳатто дар дохили як дин, ба монанди ҷанги сунниҳо ва шиаҳо (дини ислом). - Яке аз намудҳои паҳншудаи террор дар нақлиёти ҳавоӣ мавҷуд аст. Амсоли чунин террор қариб дар тамоми нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ рӯй додааст. Аз чунин

сиррасон ва шомилгардии ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистию террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани наворҳои худсабти таблиғотӣ ба рӯҳу равони ҷавонон таъсир расонида, тарафдорони худро бо чунин усулҳо зиёд менамоянд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти дониши динӣ, дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ ва ғайраҳо ҳастанд, зуд роҳи халосӣ аз проблемаҳоро дар чунин равияҳои номатлуб мебинанд. Ҳамин гуна сарчашмаи нофаҳмиву муноқишаҳо ва амалҳои муғризона миёни оила, ҷамъият, мардум маҳз чунин мушкилиҳои дар боло зикршуда мебошад. Боиси хушнудист, ки Пешвои миллат дар ироаи Паёми навбатӣ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва ин ҳама дастгириву ғамхориҳо баҳри ҷавонон бар он аст, ки дар баланд бардоштани маънавиёт ва боло бурдани рӯҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, ҳисси арзишҳои миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим барои ҷавонон нақши массире хоҳад гузошт. Боз ҳам, махсусан баҳри насли ҷавон таъкид бояд дошт, ки ҳувият, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва тафаккури баланди диниву ҳуқуқӣ аслиҳаи бузургест алайҳи ҳуҷуми ҳама гуна роҳҳои хатарзо. Ҷавони бо илму донишро ҳамеша зиндагии саодатмандона ва бурдбориву комёбиҳо интизор аст. Қурбон АҲМАДЗОД

террор дар солҳои мухталиф ҳазорон нафар ҳалок гаштаанд. - Дигар намуди террор худкушӣ аст, ки дар давлатҳои Ироқ, Покистон, Афғонистон, Русия паҳн гаштааст. Давлатҳо бояд гурӯҳи низомиёни зиддитеррор созмон диҳанд, ки дар пешгирӣ кардани фоҷиаҳои зидди инсонӣ омодагӣ бинанд. Терроризм ва ифротгароӣ маҳсули ақлу заковати нафароне мебошад, ки дар онҳо ҳиси ҷоҳилӣ, бадбинӣ интиқом гирифтан, вайрон кардани ҷараёни зиндагии одамон боло гирифта, бар ивази амалиёти содиркардаашон илҳом гирифтанро раво мебинанд. Аз беиқбол кардани шахс худашонро соҳибиқбол медонанд. Ҷавонони камбағалу гумроҳро бо ваъдаҳои дурӯғ ба ҷараёнҳои ғайриматлуб ҷалб карда, аз онҳо террорист тарбия мекунанд. Моддаҳои таркандаро дар баданашон ҷой карда дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон – бозорҳо, хонаҳо, мактабҳо, терминалҳо худашонро тарконда, атрофиёнро куштаву захмдору маъюб мегардонанд. Оқибати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маълум кард, ки нигоҳ доштани намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа дар дасти одамон боиси амалҳои террористӣ мешавад. Мао Сзе Дун гуфтааст: «Яроқ ҳокимият эҷод мекунад”. Ин сухан ҳақиқати воқеист, ки бо террор алоқаманд аст. Ф. ҲАЙДАРОВ, донишҷӯи соли 4-уми ДТМИ дар шаҳри Кӯлоб


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

5 китобе, ки соли 2017 нашр мешавад 1. "Боди зимистон". Ин китоби шашуми нависанда Ҷорҷ Мартин дар доираи “Суруди яхбандӣ ва оташ” мебошад. Асари қаблӣ бо номи “Рақс бо драконҳо” соли 2011 нашр гардида буд. “Боди зимистон” моҳи март нашр хоҳад шуд. 2. “I’d Die for You” (Ман барои ту мемурдам). Моҳи апрел муаллифи романҳои машҳури “Шаби бонафосат” ва “Гэтсбии бузург” Фрэнсис Скотт Фисдҷералд паём мерасонад. Нашриёти амрикоӣ дар гузашта қиссаҳои нависандаро, ки солҳои 30-юми асри гузашта навишта шуда буданд, нашр карданд. Маҷмуи қиссаҳо ин навбат бо номи “I’d Die for You” чоп мешавад. 3. "Миллениум" (китоби дуюм). Роҳи эҷоди Стиг Ларссонро нависанда Давид Лагеркранс идома медиҳад. Давид идомаи трилогияи “Миллениум”-ро менависад. Он тирамоҳи имсол ба дасти хонанда хоҳад расид. 4. "Пайдоиш". Тирамоҳ, ҳамчунин хотираҳои нави проффесор Роберт Лэнгдон Дэн Браун чоп мешавад. Дар китоби нав проффесорро лозим меояд бо хатарҳо, рамзу махфигоҳҳо бархурда, ба саволҳои оид ба дин, илм ва санъат ҷавоб гӯяд. 5. "Сояи шоҳзода". Нависандаи дӯстдоштаи наврасон Кассандра Клэр, ки баъд аз ба чоп расидани силсилаи “Олоти марг” машҳур шуд, моҳи май қисми дуюми трилогияи “Санъати тира” – “Сояи шоҳзода”-ро пешниҳод мекунад. Қисми якум “Бонуи нимашаб” ном дошт.

Нуктасанҷ ҳикоя

ҲАМРОҲИ АВЛИЁПУР

Фурқати Хуршед аз мағоза берун шуд. Ба Прокуратураи шаҳрӣ расид. Дари муфаттишро кушод. - Хӯ-ӯш! - гуфт муфаттиш баъди салому алайк. - Гирифтори муаммое гаштаам, - гуфт Фурқати Хуршед. - Ҳарчанд фикр мекунам, ҳаллашро намеёбам. “Шояд ягон найранге бошад” - аз дил гузаронидам. Баъд ба назди шумо омадам. - Муаммо? – муфаттиш бар умқи чашмони Фурқати Хуршед нигарист. Шояд дурӯғ ё рост будани сухани ӯро санҷидан хост. - Бале! - Гӯшам ба шумо! – гуфт муфаттиш ва ҷуссаи худро ба такягоҳи курсӣ партофт. - Хостам яхдон бихарам, - суханашро оғоз кард Фурқат. – Мағозаро чарх задам. Яхдоне писандам афтод. Нархашро аз фурӯшанда пурсидам. Ӯ ба чашмам дуру дароз нигоҳ кард, баъд гуфт: 3500 сомонӣ. “Арзон намешавад?” – пурсидам аз нав. “Мешавад - гуфт ӯ, - аммо аз нуктасанҷии шумо вобаста аст”. Баъд ӯ коғазеро баровард, ки сурати чароғак дошт. Дар паҳлӯи ранги сурх 3200 ва дар сабз бошад, 2400 навишт. Ман пурсидам: “Нархи ҳамин яхдон?” “Бале!” – ҷавоб дод ӯ. “Шояд ягон яхдони ба ҳамин монанд бошад, ки вақти 2400 сомонӣ супоридан ивазаш кунед” – гуфтам ман. “Ягон хел иваз намешавад, - гуфт ӯ. – Ҳамин ки 2400ро супоридӣ, ҳамин яхдона мебарӣ. Аммо тафаккури ту фарқияти нархро муайян карданаш даркор”. - Яхдон чӣ ном дошт? —пурсид муффатиш ва гӯё аз чизе пай бурда бошад, қоматашро рост гирифт. - Бирюса. - Ғунҷоишаш чӣ қадар буд? - Ғунҷоишашро намедонам. Аммо бо ангуштонам чен кардам. Қадаш тақрибан як метру чил ва бараш шаст сантиметр буд. - Истеҳсоли куҷо буд? - Украина. - Шумо вақти сурата нишон додан равшан будани чашми ягон чароғакро мушоҳида накардед? - Бале чароғи сабз. - А-ҳа, - гуфт муфаттиш. – Фурӯшанда марди зирак будааст. Бо ишора кораша буд мекунад. 3500 - пули сомонӣ, 3200 - рубли русӣ, 2400 - доллар. Шояд нархи яхдон арзиши 3500 сомониро надошта бошад. Дониста се нарх мегузорад. Ҳама мехоҳад чизи арзонро харад. Бо ишораи ӯ кас маҷбур мешавад доллар биёрад. Воқеан, шумо фурӯшандаро мешиносед? - Бале! Фурқати Хуршед фурӯшандаро пайдо намуд. - Харидорӣ? — пурсид ӯ. - Бале, — ҷавоб дод Фурқат. - Бо кадом нарх? - Бо нархи арзон! — гуфт Фурқати Хуршед ва аз ҷайби даруни кастюм се гӯшаи саддоллараро нишон дод. - А-ҳа, марди нуктасанҷ будаӣ-ку? — гуфт фурӯшанда ва панҷаашро дароз намуда, пулро гирифт. Ин лаҳза муфаттиш ҳозир шуд. Ҳуҷҷатҳояшро нишон дод. Фурӯшанда бошад, як ба Фурқат, як ба муфаттиш нигоҳ кард. Рангу рӯяш парида буд. Худаш ҳам намедонист, ки чашми сабзи доллар аллакай сеҳраш намуда, ӯро ба чоҳ афканда буд. Акнун ӯ дар назди кормандони ҳуқуқ ҷавоб хоҳад дод.

РУСТАМИ ВАҲҲОБ

Соли нав

ҶӮРАБЕК МУЪМИН

Сӯйи зафар меравем

Пок чун домони Марям Дашту саҳро, Пар кушода кафтарони барф Аз кафи дасти Масеҳо. Шаҳр дар озини симин аст, Сарви майдон зери бори меваи шодоби заррин аст. Моҳ гӯё байза бинҳода, Дар таҳи арча – Дар сари ҳар чорсӯ – як хирман афлесун. Бӯйи арча, бӯйи афлесун Медамад то осмон афсун, Ёдҳои кӯдакию навҷавониро Зинда месозад ба дилҳо. Ҷашни Мелод аст, ё Эҳё? Пеш аз ин раҳгузар аз раҳгузар гӯгирд мепурсид, Ҳол мепурсад: «Бародар, барқ доред?». Ҳиммати олӣ, нуктадонем, Барфро дар дафтари анбори кӯҳистон Барқ мехонем, Қалбҳо чун чархаи неру, Қалбҳо дар синаи дарёст. Соли нав дар асл танҳо як баҳонаст, То бигӯйӣ ҳамдилеро, ки «сарат сабзу саломат бод!». Соли нав дар асл танҳо як фасонаст, То ҳақиқатхастагон ҷӯянд аз афсона имдод… Пойи сабзи ҳақ ниҳода нақш дар иқлими тақвим, Дасти сабзи сарви мину рост сӯйи ҷовидон аст, Бахтатон сабзу ҷавон бод, Соли Нав – Соли Ҷавон аст.

Ҳамватано, соли нав оғоз шуд, Соли наву фоли нав оғоз шуд. Дар ҳама ҷойи ватани гулбасар Партави иқболи нав оғоз шуд. Тантанаю сур муборак шавад, Шеъру наво ҷӯр, муборак шавад. Мавҷ занад ханда ба авҷи фалак, Олами масрур муборак шавад! Парчами мо парчами болобаланд, Шукри Худо, ҳеҷ наёбад газанд. Номи ту, эй кишвари маҳбуби мо Дар даҳани пиру ҷавон қанд, қанд. Ваҳдати мо машъали дунё шуда, Парчами мо зеби назарҳо шуда. Меҳри Ватан дар дилу дар ҷони мо, Шаъни Ватан то ба сурайё шуда. Соли куҳан соли пур аз файз буд, Файз фаровон шуду шуҳрат фузуд. Сӯйи ҷаҳон кишвари маҳбуби мо Дасти сахо, чашми иноят кушуд. Сол ба сол сӯйи зафар меравем, Баҳри зафар баста камар меравем. Ҳиммати мо чун назари мо баланд, Бо самари фатҳи дигар меравем. Тӯй шавад, тӯйи пурахтар шавад, Шарбату ширинӣ ширинтар шавад. Дар ҳама ҳолат, ҳама давру замон Ҷанг шавад, ҷанг ба соғар шавад. Ваҳдати мо роҳи саодат диҳад, Файз диҳад, меҳру муҳаббат диҳад. Бар ҳама ғамдидаю беофият Аз фараҳаш дарси садоқат диҳад. Бахт ба рӯи ҳама хандон шавад, Шодию хурсандӣ фаровон шавад. Кафтари иқбол парафшон шавад, Кишвари мо мулки баҳорон шавад. Соли нав, аз соли куҳан дарс гир, Аз сабақи ҳарфу сухан дарс гир! Ҳаст магар беҳ зи ҳарфи Ватан? Ҳарфи Ватанро зи даҳан дарс гир. Рӯи ҷаҳон сулҳ бувад пойдор, Байрақи озодӣ шавад устувор. Халқи ҷаҳон ёру бародар шавад, Душмани озодӣ шавад хору зор.

Хондани асари бадеӣ маънавиёт мебахшад Мусаллам аст, ки дар таърихи башарият нақши осори олимон, муаррихон, файласуфон, адибон, шоирон дар ҳама ҷабҳаҳои ҷомеа, хусусан дар инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, басо муҳим арзёбӣ мегардад. Миллати тоҷик бо чунин шахсиятҳо дар тамаддуни башарӣ маълуму машҳур мебошад. Мо, омӯзгорон, ки роҳнамо ва таълиму тарбиятгари насли наврас ва умуман ҷавонон ҳастем, дучанд лозим меояд, ки насли ояндасози Ватан - наврасону ҷавононро тавассути осори бадеии ниёкони эҷодкорамон парвариш намоем. Зеро хониши асарҳои бадеӣ воситаи муҳими тарбияи насли наврас мебошад ва доираи фаҳмиши талабагонро нисбат ба ҳамаи фанҳо инкишоф медиҳад. Дониш ва ҷаҳони маънавии онҳоро бой ва ғанӣ мегардонад. Дар баробари ин захираи луғавии хонандагон бой мегардад. Дар дили онҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба атрофиён, инсондӯстӣ, қаҳрамонӣ, ҷасорат, меҳнатдӯстӣ, ифтихори миллӣ ва умуман тамоми хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мепарварад.

Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар се-чор соли охир бо ташаббуси масъулини соҳаи маориф хонандагон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ бештар рӯ оварда истодаанд. Ҳамзамон, бо ибтикори масъулин барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ номгӯи асарҳои бадеӣ, ки ба ҷиҳати синнусолии хонандагон ва барномаҳои таълимӣ хеле мувофиқ ҳастанд, манзури хонандагон гардонида шудааст. Хонандагоне ҳастанд, ки масъулиятро хеле хуб ҳис намуда, завқи бадеии зиёд доранд. Аммо хонандагоне ҳастанд, ки ба мутолиаи асарҳои пешниҳодшуда кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз мушоҳидаи мо, омӯзгорон маълум аст, ки сабаби кам рӯ ба мутолиа овардани хонандагон аксар аз беназоратӣ ва

шароит муҳайё насохтани баъзе волидайн мебошад. Чуноне ки маълум аст, хонандагони азизи мо дар ҷамъбасти нимсолаи соли таҳсил қарор доранд ва баъд аз он ба таътили якмоҳа баромада истироҳат намоянд. Бояд ҳар хонандаи бофаҳм истироҳати худро маҳз дар хондани асарҳои бадеӣ дониста, пайваста, алалхусус, дар ҳамин таътили якмоҳа ҷиддан ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул гардад. Маҳз ба воситаи мутолиаи асарҳои бедеӣ метавонем маънавиёти шогирдонро ғанӣ гардонида, дар ниҳоди онҳо муҳаббату самимиятро ба инсон, ба ҷомеа, ба якпорчагии Ватани азиз мустаҳкам гардонем. Зебуннисои МАҲМУД, омӯзгори МТМУ №12-и пойтахт


«Рафаэлло» Маҳсулот: 70 гр тарошаи норгил (кокос), 400 гр ширқиём, 200 гр равғани маска, 200 гр шоколади сафед. 1. Равғани маска ва шоколадро дар зарфе болои плита дар оташи паст об кунед. Барои он ки насӯзад, махлутро аралаш карда истед. 2. Ба махлути тайёршуда ширқиём илова намуда, боз ҳамаро аралаш кунед. 3. Ин навбат ба махлут тарошаҳои норгилро илова карда, ҳамаро то тайёр шудани қиёми сафедранг нағзакак аралаш кунед. 4. Баъд аз тайёр шудани крем онро барои “дам гирифтан” 3-4 соат (беҳтараш тамоми шаб) ба дохили яхдон гузоред. 5. Агар кремро дар пухтупази торт истифода карданӣ бошед, метавонед дарҳол пас аз тайёр шудан ба яхдон нагузошта ба нонҳои қабатии торт бимолед. 6. Ҳамчунин креми тайёршударо метавонед ҳангоми наҳорӣ ба нони танӯрӣ ва ё хлеби сафед молида, бо қаҳва ё чойи гарм тановул намоед.

15

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №01 (9479), 05.01.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ ҳамрози дили беморанд Дар ҳаёт барои инсонҳо аз ҳама чизи муҳимтару беҳтар солимиву тандурустӣ аст ва инсон дигар орзуҳову хостаҳои дили худро дар пасманзар ё заминаи маҳз ҳамин неъмат метавонад амалӣ гадонад. Саъдӣ Шерозӣ мегӯяд: «Беҳтарин неъмат барои инсон тандурустиву эминӣ аст».

Крассворди “Ошиқ” Аз чап ба рост 1. Қаду... 6. Зоҳир кардан, ошкор кардан 9. Асал, шаҳд 10. Сифати феълии замони гузаштаи “афрухтан” 14. Касе, ки ба танаш ҷафо мекунад 19. .... зуқум 20. Маоше, ки дар пирӣ мегиранд 21. Номи мардона. Беҳтарин бози шикорӣ 22. Коммуна дар Фаронса 23. Пешво хурдан баробар ..... дигар нахест 25. Номи занона

27. .... баҳорро набар 28. Тӯдаи хок 32. Боғи анор 36. Саргардонӣ 37. Садо, овоз 38. Дӯғу чака дар оши бурида Аз боло ба поён 1. Қитъа, минтақа 2. Вақти никоҳ тарафи домод ба арӯс медиҳанд 3. Муқобили “ширин” 4. “Бозӣ” бо русӣ 5. Ҷамъи байт 6. Лаҷом, ҷилав 7. Нишон 8. Маводи кушанда

11. Дилкушо 12. Зимма, масъулият 13. Нав сохташуда 15. Шоҳи форс 16. Нидо – “оҳ” ... 17. Муқобили “офтобшин” 18. Бо хоҳиши худ 24. Асбобу анҷом 26. Сарзамин, Ватан 28. Сарф кардан 29. Шикастан, рахна 30. Фарёди гург 31. Даъват ба намоз 32. Ҷовидон 33. Гирифтори ишқ 34. Худдорӣ, бардошт, тоқат 35. Рӯзӣ, қут

БҶВС Ёвон беҳтарин дониста шуд Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқолияти давлатии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 25 майи соли 2016 озмуни “Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр/ноҳия”-ро эълон карда буд. Ғолибро тариқи анкета, ки ҳар шумора дар рӯзнома нашр мешуд, хонандагон муайян карданд. Ҳамин тариқ, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон бо ба даст овардани 1352 овоз ғолиб гардид. Барои чӣ беҳтарин аст, назари хонандагон гуногун мебошад. Шоира Сафархолова навиштааст: “Ҳамеша ҷавонони фаъолро дастгирӣ мекунад”, Комрон Зокиров гуфтааст: “Дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии ноҳия фаъол аст”, ба назари Сафармуҳаммад Насимов, “Пайваста варзишгаронро дастгирӣ менамояд ва ман дар ин ҷо соҳиби касб гаштам”. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа бо 1092 овоз ҷои дуюмро сазовор гашт. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ, ки 1028 овоз гирифт, дар ҷои сеюм мебошад. Ҳамчунин, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Ҷалолиддин Балхӣ (977), Спитамен (354), Мастчоҳ (305) ва шаҳри Роғун (207) аз ҷониби хонандагон дастгирӣ ёфтанд.

Таъмини ин неъмати бебаҳо - тандурустӣ ва беҳдошти саломатии оммаро табибон бар зимма доранд. Тайи чанд сол аст, ки дар дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ шуъбаҳои тибби оилавӣ амал мекунанд. Фаъолияти ин шуъбаҳо, ки дар асоси ислоҳоти соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ шудааст, вусъат пайдо карда истодааст. Хизматрасонии духтурони оилавӣ бештару пурсамар ба назар мерасад. Барои рушду пешравии самти мазкур «Барномаи рушди тибби оилавӣ барои солҳои 2011-2015» ҳам қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт ва тадбирҳои зиёд, аз қабили сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии саривақтии бемориҳо, ташхис ва табобати беморонро амалӣ намуд. Роҳандозӣ гардидани хизматрасонии тибби оилавӣ дар шароити феълӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, аз дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ афзалият ва ё бартарӣ дорад. Аз он ҷиҳат, ки имрӯз шумораи мутахассисони ин намуди хизматрасонии тиббӣ - духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат афзуда, онҳо вобаста ба шароит дар маҳалҳои зисти сокинон фаъолият мекунанд. Ба ҳар фард дар алоҳидагӣ, ба оила, ба аҳолии минтақа, инчунин дар хона новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ ёрии аввалини тиббиву санитарӣ мерасонанд. Тибби оилавӣ дар беҳдошти сиҳатии мардум нақши муҳим мебозад ва табибони оилавӣ ҳамрозу ҳамнавои қалби мардум мебошанд. Умед аст, ки оянда сафи мутахассисони тибби оилавӣ меафзояд ва ин падида ҳам барои рафъи мушкили норасоии кадрҳои соҳа ва ҳам барои дастрасии сокинон ба намудҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ дар минтақаҳо, бахусус минтақаҳои дурдаст мусоидат мекунад. Академик Н. Кончаловский гуфтааст: «Инсон метавонад актёри беистеъдод, олими беамал, меъмор, геолог, омӯзгор ё муҳандиси беҳунар шавад. Аммо ҳуқуқ надорад, ки табиби бад шавад. Зеро ба ӯ бовар карда, ҳаёти одамро супоридаанд». Бинобар ин, табиб бо интихоби ин пеша масъулияти сангинеро ба зимма мегирад ва дар раванди фаъолияташ ҳуқуқи маънавии хато кардан надорад. Синои ҳаким гуфтааст: «Обрӯву эътибори табиб на танҳо ба донишу малака, балки ба одобу ахлоқи ӯ низ вобаста аст». Аз ин лиҳоз, мо, табибон бояд ҳам донишу малакаи хуби касбӣ ва ҳам одобу рафтори ҳамида дошта бошем. Мисли кулоҳу хилъати сафедамон дилу нияти софу сафо ва аз ҳама муҳим муомилаи хушу гуфтори ширин дошта бошем, зеро меҳрубониву хушмуомилагии табиб табобати хуб барои бемор аст. Сайфиддин ҲАЛИМОВ, мудири Шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №1 (9479), 05.01.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

МЕҲРОБ АЗИМОВ

Лутфи ҷавонӣ Муаллим: “Аҳмад, бигӯ бо гӯшти гӯсфанд чӣ мекунанд?” Шогирд: “Гӯшти гӯсфандро мехӯранд”. Муаллим: “Бо устухони он чӣ мекунанд?” Шогирд: “Устухони онро канори табақ мегузоранд!”

Сеҳри хома Қаламам аз баданам нест ҷудо...

АЛОВИДДИН АБДУЛЛОЕВ

Хоҷае барои худ мақбарае сохт. Пас аз як соле, ки мақбара омода шуд, аз меъмор пурсид, ки «Ин иморат чӣ кам дорад?» Гуфт: «Вуҷуди шарифи шуморо».

√ АНДАРЗИ

Пирзане бемор шуд. Фарзандаш ӯро пеши духтур бурд. Пас аз муоина дутур ба писараш гуфт: «Аз модарат бипурс, маска мехоҳад ё шавҳар». Писар пурсид. Модар ҷавоб гуфт: «Бачаҷон, ман ки дандони караҳ хӯрдан надорам».

√ ЭЪЛОН

“ҶТ”

Морбача

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Марде ба хонаи дӯсташ меҳмонӣ рафт. Дӯсташ ба ӯ пиёлаи чой дароз кард. Вақте мард пиёлаи чойро ба даҳон бурдан хост, ба назараш чунин намуд, ки дар дохили пиёла морбачае хобидааст. Ӯ соҳибхонаро ранҷондан нахосту чойро батамом нӯшид. Ба хона баргашт ва дар шикамаш дарди ҷонкоҳеро ҳис намуд. Доруи зиёдеро истеъмол намуд, аммо фоида набахшид. Мард ҳис кард, ки мемирад. Дӯсташ аз вазъи ӯ бохабар шуда, бори дигар ӯро ба хонааш даъват намуд. Ин навбат низ меҳмонро ба ҳамон ҷои пешина нишонд ва ба ӯ пиёлаи чойро дароз кард ва гуфт, ки он дору аст ва дармон мебахшад. Вақте мард пиёларо бардошта, ба лабаш наздик овард, дар дохилаш боз ҳамон морбачаро дид. Ин дафъа ӯ соҳибхонаро аз ин огоҳ кард. Соҳибхона ҳарфе нагуфта, ба сақфи хона, ба болои сари меҳмон ишора намуд, ки он ҷо камонғулаки резиние овезон буд. Ин замон бемор фаҳмид, ки он морбача танҳо суроби ҳамин камонғулаки дар сақф овезон будаасту халос. Ҳар ду ба якдигар нигариста, баланд хандиданд. Бемор дар як лаҳза аз дард раҳо шуд ва шифо ёфт. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Муллое дар ҳошияи китобе дар тавзеҳи номи Рустам навишта буд: «Рустам номи паҳлавонест, ки риши душох дорад». Муллои дигаре бар ҳошияи китоб ин ҷумларо изофа кард: «Худо падаратро биёмурзад, агар ин тавзеҳро надода будӣ, то охири умр Рустамро намешинохтам».

Шаҳодатномаи соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Собиров Рустам Ахмедович (РЯМ 0430156678, РМА 037197330), ки аз 20.11.2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, бибар гум шуданаш эътибор надорад. Шаҳодатномаи хатми курси ронандагӣ, дараҷаи “С”, ки ҶДММ “Меҳанпараст” соли 2012 ба Қаноатов Довар Музаффарович додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №110, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам соли 2013 ба Оятулло Мансуров додааст, эътибор надорад.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Холов Баҳром Гулмаҳмадович (РЯМ 0930026378, РМА 095148765), ки аз 18.05.2010 дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар

JAVONON.TJ БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5062 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Ҷавонони Тоҷикистон, №01 (9479), 2017