Tojikoni russia 07

Page 1

Радиои муњољир - дардошнову њамшарик дар кору пайкори кулли он њамватаноне, ки дур аз Ватан дар муњољират умр ба сар мебаранд. Радиои муњољир - Розгўву розшинос, њамбаќову њамнидо, њамнаво ва њамсадои њамаи дили тољикистониёни бурунмарзист. Дар торномаи интернетии бо мо бошед, њамватанони азиз! Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

№07 соли 2014 Панчшанбе 19 июн

Масъалањои раќамї

1

МАСЪАЛАИ 15 ДАҚИҚА Шабакаи иҷтимоии Facebook 19-уми июн дар Тоҷикистон давоми 15 дақиқа дастнорас гардид. Тибқи хабари “Озодагон” ин мушкилӣ хоси Тоҷикистон набуда,дар бисёри кишварҳои дигар низ барои як муддати кӯтоҳ ҷой дошт. BBC NEWS менависад, давоми 15 дақиқа Фейсбук барои ҳудуди 1,3 миллиард истифодабаранда дастнорас шуд. МАСЪАЛАИ 28 ИЮНЬ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво, эълом кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад МАСЪАЛАИ 3000 СОМОНӢ Дар мактуби масъулони Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ ба номаи Нуриддин Қаршибоев -- раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ омадааст, сарбозони қисми ҳарбии 2939 ва 9829 барои табобати Шаҳбол 5 литр хун супоридаанд. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, барои табобати Шаҳбол Мирзоев раиси Кумитаи амнияти давлатии миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов 3 ҳазор сомонӣ ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 2 ҳазору 230 сомонӣ кумаки яквақтаина расондаанд. МАСЪАЛАИ 18 СОЛИ ЗИНДОН Додгоҳи вилояти Иркутск як сокини сисолаи ноҳияи Уст-Удинскро барои куштори ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. МАСЪАЛАИ 1 ТУЙ ДАР ЗИНДОН Раёсати ислоҳии вилояти Твер аз барпо шудани тӯйи исломии ду шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони рақами 6-и шаҳри Бежетск хабар додаст. МАСЪАЛАИ 8000 ДОЛЛАР Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон як омӯзгори литсейи рақами 1-и шаҳри Панҷакентро боздошт намудааст, ки барои дохилкунӣ ба факултаи ҳуқуқшиносӣ аз довталаб 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Хайрулло Назаров, бародари Нусратулло Назаров, ки чанде пеш қаҳрамони наворе гӯиё аз Сурия шуда буд, ахиран дар Фейсбук саҳифае кушода, навори ҷавобиеро паҳн намуд. Дар ин навор Хайрулло аз ин амали бародари худ сахт интиқод намуда, Нусратуллоро ба нашъамандию нодуруст танқид намудани рӯхонии маъруфи тоҷик Хоҷӣ Мирзо муттаҳам намудааст: - Ба фикрам ҳамаи он ҷой нишастагон (навори пештараро дар назар дорад) нашъамандед. Ё «доза»-и баланд дар он ҷой медиҳанд? Ё ба шумо пул медиҳанд? Агар ба шумо пул диҳанд, ба зану кӯдаконатон ра-

«Ё ХУДАМРО МЕКУШАМ, Ё НОМАМРО АЗ ИН МИЛЛАТ ХАТ МЕЗАНАМ» саҳ. 3

вон кунед, то аз гушнагӣ намуранд. Инчунин дар навор омадааст, ки хонаи меросии Нусратуллоро барои баргардонидани қарзҳои ӯ фурӯхтаанд. Хайрулло мегӯяд, ки бародараш аввал ба Россия рафта, сипас аз он ҷой ба Сурия рафтааст. Ӯ тахмин мекунад, ки ё бародараш барои истеъмоли маводи мухаддир рафтааст, ё ӯро гумроҳ кардаанд. Ҳамсару кӯдакони Нусратулло низ дар навор омадаанду аз ӯ хоҳиши баргаштанашро кардаанд. Наворро аз саҳифаи Хайрулло Назаров тамошо кардан имкон дорад.

ИНТИЌОЛИ ПУЛ АЗ РУСИЯ КАМ ШУДААСТ. БОРИ АВВАЛ ДАР 5 СОЛИ ОХИР! саҳ.4

МАСЪАЛАИ 1 Q-Net Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, гӯиё намояндагони ширкати Кю-Нет ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд. Ин ровӣ дар муроҷиати расмияш аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи таҳдидгарон чораандешӣ кунанд. МАСЪАЛАИ 3 ВАРЗИШГАР Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Аврупо дар риштаҳои самбои муҳорибавӣ, ҷию-ҷитсу ва греплинг дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуда, соҳиби медали тилло гаштанд. Аҳтам Хоқиров, ки ҳайати тоҷикистониро дар ин сабқатҳо роҳбарӣ мекардааст, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар вазни 74 кило- Абдулло Асланов, дар вазни 90 кило-Солеҳ Ҳасанов ва дар вазни +100 кило-Худойдод Раҳмонов ҷои аввал гирифтанд. «Озодагон»


22

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)

Таҳқиқоти байналмилалӣ: Роғун зиёновар нест Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун нишон додааст, ки ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва камбудиҳои онро метавон ба осонӣ рафъ кард.

Дар ин арзёбии тақрибан 160 саҳифаӣ, ки давлати Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешавад, “Аксари паёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун бисёр хурд ва ба осонӣ рафъшаванда ҳастанд, ба шарте ки зарурати рафъи онҳо вуҷуд дошта бошад.” Аммо дар маҷмӯъ бар тибқи ин арзёбӣ, ҳеҷ гуна паёмади эҳтимолии ҷиддии иҷтимоӣ ва экологие вуҷуд надорад, ки бо назардошти он аз бунёди нерӯгоҳи Роғун “даст кашида” шавад. Вале муаллифони арзёбӣ ду ҷанба ва паёмадҳои муҳимеро зикр кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо бояд ин ҷанбаҳо бодиққат баррасӣ шаванд ва барои коҳиши онҳо паёмадҳо чораҳои лозим андешида шавад.” Аввал паёмадҳо барои мардуме, ки аз маҳалли нерӯгоҳ кӯчонда мешаванд ва сипас эҳтимоли таъсири нерӯгоҳ ба маҷрои обе, ки рӯдхонаи Вахш аз қаламрави онҳои низ мегузарад, ки манзур аз ин кишварҳои поёноби Осиёи

Марказӣ аст. Бар асоси ин арзёбӣ бунёди нерӯгоҳи Роғун бо обанбори бузург, таъсири чандоне ба олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон надорад ва сабаби маҳви кадом навъи ҷонвар ва ё рустанӣ дар кишвар намешавад. Дар ин арзёбӣ тавсияҳои мушаххас барои назорат бар истифодаи нерӯгоҳ ва рафъи паёмадҳои эҳтимолии нерӯгоҳ барои муҳити зист ироа нашудааст. Бар тибқи санади дигар, яъне “Арзёбии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкати “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” омода кардаанд, ва он низ нашр шуд, омадааст, дар ҳоле, ки маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст. Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин гузинаи аз назари иқтисодӣ муфид, сохтмони садди баландтарин, 330 метрӣ аст, ки ба Роғун имкон медиҳад, то 3600 мегават соат

нерӯи барқ истеҳсол кунад. Дар ин сурат ин нерӯгоҳ метавонад барои 115 сол ба Тоҷикистон хидмат кунад. Аммо муаллифони арзёбӣ гуфтаанд, ки сохтмони нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот сурат бигирад ва барои кишвар ”бори гарон” нашавад. Ҳарду арзёбии байналмилаалии Роғун бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шудааст, вале худи бонк мегӯяд, ҳатто дар сурати мусбат будани хулосаҳо ҳам, набояд чунин пиндошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар сармоягузории ин тарҳ саҳм мегирад. Ин арзёбиҳо бо дархости кишварҳои поёноб, бахусус давлати Узбакистон анҷом шуданд, ки иддао кардааст, нерӯгоҳи Роғун сабаби фалокати экологӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва кишварҳои поёнобро беоб мегузорад.Амрико арзёбиии Бонки Ҷаҳонӣ аз Роғунро “бо диққат баррасӣ мекунад” Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, арзёбиҳои фарогири Бонки Ҷаҳонӣ ва гузоришҳои машваратӣ бар пояи бунёди Неругоҳи Роғун дар Тоҷикистонро “эҳтиёткорона” баррасӣ мекунад. Ба хотири кумак ба ин раванд, Ийолоти Муттаҳида аз ҳама тарафҳои манфиатдор даъват кардааст, ки дар машварат ва баррасиҳои таҳти назари Бонки Ҷаҳонӣ иштирок кунанд. Сухангӯи Департаменти Давлатии Амрико Ҷен Псаки рӯзи чаҳоршанбе дар як изҳорот гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида чолишҳои пешорӯи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ниёз ба обу энержиро эътироф мекунад ва аз онҳо мехоҳад, ки масоили худро дар чаҳорчуби минтақа ҳал кунанд. www.ozodi.org

Спикер таджикского парламента волнуется из-за отчислений таджикских мигрантов: Эти деньги нужно отправить в Таджикистан Глава нижней палаты таджикского парламента Шукурджон Зухуров предложил передавать отчисления таджикских мигрантов в пенсионный фонд Таджикистана. Об этом он заявил на встрече с главой Федеральной миграционной службы РФ Константином Ромодановским, 17 июня, в Санкт-Петербурге, сообщило издание РОССИЯ ДЛЯ ВСЕХ. Граждане Таджикистана в России, по словам спикера, в 2013 году выполнили работ на 30 млрд долларов, а отчисления в Фонд социального страхования и Пенсионный фонд России могли составить 1,5 млрд долларов, однако в старости даже легальные мигранты могут остаться без пенсии. «Все эти люди рискуют остаться в старости без пенсии, здесь, в России, они не имеют права на пенсию как временно проживающие граждане, а в Таджикистане смогут претендовать лишь на социальную пенсию. Возможный путь решения — перечисление части их отчислений в пенсионный фонд Таджикистана», — заявил Шукурджон Зухуров.С главой ФМС председатель МН МО обсудил изменения в российском миграционном законодательстве, направленные на смягчение условий пребывания таджикских мигрантов, и возможности развития системы организованного трудового набора граждан Таджикистана. «Прежде всего хотел бы упомянуть проект соглашения об организованном трудовом наборе граждан. Это очень перспективное дело, при надлежащей постановке такой набор работников может стать реальной альтернативой самостоятельным поискам работы. Такие агентства нуждаются в поддержке, координации деятельности со стороны миграционных служб», — сказал Зухуров. Сегодня, по его словам, в Таджикистане действует 30 частных агентств занятости, получивших лицензию миграционной службы РТ (МС), хотя, несмотря на это, основная часть мигрантов отправляются в РФ самостоятельно. В списке лиц, которым запрещен въезд в Россию, по данным миграционной службы Таджикистана, сейчас находятся 71 525 граждан РТ, но в аналогичном списке ФМС России — более 400 тыс. таджикских граждан, что, по словам Зухурова, создает некоторые трудности для обычных мигрантов. «Сейчас даже тот, кто не имеет никаких проступков или вообще впервые выезжает в Россию, сверяется со списком ФМС и до конца не уверен, что не может произойти какой-то накладки и его не пропустят в Россию. Возникает вопрос, насколько дифференцирован подход к включению мигрантов в этот чёрный список. Ведь в него могут попасть и те лица, которых, мягко говоря, «подвели» под административное правонарушение. Также необходим регулярный обмен банком данных о правонарушителях, с тем чтобы предотвратить хотя бы такие случаи возврата с границы», — сказал он. В 2013 году, по данным МС РТ, с контрольно-пропускных пунктов России были возвращены 3215 таджикских граждан, хотя они перед выездом проверяют наличие своих имен в черных списках. «В том числе, например, вернули студентов, дипломников, отличников учебы, которые выезжали домой на каникулы. Какие уж они допустили административные правонарушения, неясно», — заявил таджикский спикер.

www.ozodagon.com

Фельдшер войсковой части, покалечивший солдата, приговорен к 9 годам лишения свободы Военный суд Душанбинского гарнизона приговорил Усмона Гайратова, фельдшера войсковой части 2026, покалечившего солдата данной войсковой части Шахбола Мирзоева, к 9 годам лишения свободы. Также суд обязал Гайратова выплатить штраф в размере 8 тыс. сомони ($1=5 сомони) и 5,7 тыс. сомони расходов пограничных войск, потраченных на лечение Мирзоева. Усмону Гайратову было предъявлено обвинение по статьям 373 (Нарушение уставных правил взаимоотношений между военнослужащими при отсутствии между ними отношений подчинённости) и 127 (Оставле-

ние в опасности) УК Таджикистана. Гулрафтор Ширинова, также фельдшер указанной войсковой части, приговором суда в течение 1,5 лет будет выплачивать государству 15% от своей заработной платы. Она обвиняется в неисполнении служебных обязанностей,

халатности, нарушении уставных правил несения внутренней службы и патрулирования в гарнизоне. Напомним, в марте 2014 года солдат срочной службы погранвойск Таджикистана Шахбол Мизоев обратился в медсанчасть с жалобой на зубную боль. Когда он проходил мимо

группы старших по званию военнослужащих и медицинского персонала, фельдшер Усмон Гайратов начал его оскорблять и унижать, а потом, как писали СМИ, швырнул солдата на землю. В результате Шахбол получил травму позвоночника, и потерял чувствительность

конечностей. Далее фельдшеры держали Мирзоева в военной части более 15 часов, хотя он просил отвезти его в госпиталь. Позднее врачи Национального медицинского центра диагностировали перелом пятого позвоночного диска, повреждение нескольких органов и потерю чув-

ствительности в ногах и руках. Врачи рекомендовали безотлагательно провести операцию на позвоночнике. Родные продали дом и увезли Шахбола Мирзоева в Москву, где его в мае прооперировали. ИА REGNUM


33

Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

«Ё худамро мекушам, ё номамро аз ин миллат хат мезанам» Чанде пештар «Озодӣ» маводеро дар бораи ҳамҷинсгароҳои тоҷик оварданд, ки сару садоҳои мухталиферо байни чомеъа баланд кард. Дар ин матлаб сухан дар бораи барпо намудану туйу ба зиндагии якҷоя оғоз намудани ду ҳамҷинсгаро дар Душанбе мерафт. Анъанавӣ дар Фейсбук низ атрофи ин масъала баҳсҳои тунду тез барпо шуд ва қариб ҳамаи фаъолони бахши тоҷикии ин сомона сухан карданд. Ҷолиби диққат аст, ки қариб хамагон ин амалро маҳкум намуданд ва танҳо қисмати ночизи мардум назари худро бетараф эълон намуданд. Ва боз ҷолиби диққат низ шуд, ки масъалаи расонагӣ намудани чунин матлабҳо баҳсхои шадидро барангехт. Мо низ суоли худро маҳз ба ин амал пайваста, аз чанд нафар бошандагони доимии ин сомона бо суоли : «Оё расонаги кардани ҳодисахое ба монанди туйи ду ҳамҷинсгарои тоҷик мақубули шумо аст ё не?» муроҷиат намудем. Аксарияти посуҳдиҳандагони мо ба моҳияти савол аҳамият надода посухро аз маҳкум намудани ҳамҷинсгароӣ шурўъ намуданд. Барои мисол суҳбатамонро бо нафаре бо тахаллуси Қори Исмат, ки вақтҳои охир дар Фейсбук пайдо ва фаъол шудаанд, меорем. Қ.И. - О, тақсирам, ин чӣ гап? Шумо маро чӣ фикр мекунед? Ба ростӣ аз ин суолатон сахт хафа шудам. На ин ки, тоҷик балки барои кулли одамизод ин амал нописанд аст. Аммо дар асл, суоле ба миён меояд, ки табиат онҳоро чунин офаридаст, онҳо чӣ кор кунанд, ҳамин тавр аст? Ба ростӣ ки банда, тасаддуқ , дар ҷавоби ин суол оҷизам. Ҳатто, оид ба ин суол фикр ҳам карда НАМЕТАВОНАМ! Т.Р. -Каромот, суолро то охир дарк накардед. Оё дуруст аст ин гуна мушкилотро дар матбуот нависем? К,И -Медонед ман чӣ фикр дорам, баъзе чизҳое ҳаст, ки аз азал он бояд риоя шавад. Тасаддуқ, агар оддию кӯчагӣ карда нависем, ба «мерси цешка» бояд бензин бирезӣ! Тасаддуқ, чун инженераш ҳаминро фармудааст. Агар солярка рехтӣ, «мошин мурд» гуфтан гир. Хуб ки бошад, тақсирам, ба ин монанд инженери мо (яъне Худои азз ва ҷалл) ин номаъқулиро бароямон тамоман раво надидааст. Т.З. -Саволи асосӣ- расонагӣ кардан қобили кабул аст ё не? К.И. -Уй, тақсир, маънои асосии суолатонро дуруст дарк накардам. Дар масоили идеологӣ мо бояд бисёр чизҳоро аз он замон рўбардор кунем. Хуш ки бошад, бубинед, ки имрўз маълумамон шуд, ки дар он давра низ нашъамандон будаанд, аммо дар ин бора қариб ҳеҷ кас маълумот надошт ва ин падида, тақсирам, дар кунҷи хотири касе набуд. Агар мо имрўз дар расонаҳо ин маълумотро

оё маъқултар он нест ки он номаъқулиро дар хонаҳояшон кунанд ва касеро коре ба корашон набошад?

фош созем, ки медонад, шояд Тоҷикистон низ аз ин «хатои табиат» холӣ набошад... Пас онҳо низ агар алъон хаппу дам бошанд, бо нашавад, ки бедор шаванд? УУууу наъузамбиллоҳ. Аз ин ру мехостам, ки ин маълумот бояд дар доираи кумитаи бехатарии давлатӣ ҳаллу фасл шавад ва он ашхоси (воқеан онҳоро ашхос гуфта ҳам намешавад, онҳо як хатое ҳастанд) ноҷинс зери назорати махсуси кумита бошанд, ки ҳар як қадамашон зери назорат бошад. Фикр мекунам, на танқид, на ҳеч, болои дегро пӯшанд, аммо кумитаи дахлдор, чи хеле дар боло гуфтам аз болои онҳо назорат барад, тасаддуқ! Т.Р.- Аз нигоҳи шумо онҳо аъзои комилҳуқуқи ҷамъият шуда наметавонанд? К.И. - Ростӣ ин суолатон ҳа ё не ҷавоб надорад. Онҳо метавонанд дар ҷамъият бошанд, аммо бояд зери назорат бошанд, зеро онҳо на ин ки хатар ба давлат, балки хатар ба башарият ҳастанд. Агар Озодӣ дар ин бора чоп намекард, мо имрўз намедонистем, ки дар Тоҷикистон чунин ғайриодамҳо бошанд. Т.Р. - Чаро? Ҳама медонанд, ки ин тоифа вучуд доранд. Шумо низ)) К.И. - Ой, тақсирам, ман медонистам, ки дар дунё ҳастанд, медонистам, ки дар Фаронса онҳо ҳатто «права качать» мекунанд, аммо намедонистам, ки чунин бешармӣ дар Тоҷикистон байни омма паҳн мешавад. Ба навор бингаред, онҷо занҳои хона низи гашту гузор доранд. Ин чи хел, тасаддуқ?!!!! Чӣ хел, хонаводааш ин тавқи ланъатро мебардоранд? Т.Р- Тасаддук, суоли дигар, магар тахти назорат гирифтани онҳо хуқуқи шаҳрвандии онҳоро поймол намекунад? К.И. - Аз як нигоҳ поймол мекунад, тақсирам, аммо онҳо, ки одами солим нестанд, аз ин хотир зери назорати МАХСУС будани онҳо шарт, яъне ҳар

қадамашон бояд зери назорат бошад, то ба худ монанди дигар пайдо насозанд.

Шокир Файзуллоев: Якум, ин дард дар ҷомеъаи мо низ вуҷуд дорад, ва ин хабари нав нест. Аммо то дар бораи ин мавзуъ нанависед, дигарон ба ин дард эътибор намедиханд...ва он ҳамин тавр мемонад. Дуюм, баъди ин хабар ман фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон дар бораи ин падида ягон қонуне нест. Мумкин акнун ягон қонуне пешниҳод кунанд дар парлумон. Хабари нек бошад ё бад, ба мо расонидани хабар ин кори хабарнигор аст. Аммо, мо ки ҷомеъаи солим сохтан мехоҳем ва умедворам баъди ин мақолаи Радио Озодӣ, ҳукумат пеши ин мушкилотро мегирад...

Ҷавоби Джоник Сафарзодаро мо аввал шухӣ фикр намудему вақте ў исрори чоп намудани ин суханҳо шуд, дарк намудем, ки ин амал ба иззати нафси эшон сахт расидааст: - «Ё худамро мекушам ё номамро аз ин миллат хат мезанам». Дар моҳияти суол бошад, Джоник Сафарзода бар он ақидааст, ки расонагӣ намуда-

ни ин гуна хабарҳо ҳамчун як «чёрный пиар», барои ин гуна амалҳо хидмат мекунад: - Мардуми мо албатта аз ин гуна амалҳои номақбул хабар доштанд, вале аз хотири шарму ҳаё мавриди баҳс карор намегирифт. Акнун, ки ин хабар расонагӣ шуд, ин мавзўъ дар ҷамъият садо меёбаду тарсам аз он аст, ки ҳаёи мардум рўй ба коҳиш ораду рафта-рафта ин мавзўъи муқаррарӣ гардад. Ин ҷой сухани Анушервони Одил ба хотирам расид: Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад бар - ӯ мазиде карда, то бад - ин ғоят расида.

Sherzamonov Alim на танҳо ин амалро паст шуморид, балки сухан гуфтан дар ин мавзўъро қобили қабул надониста аз ҷавоб гуфтан худдорӣ намуд.

Абдулло Ходжаев: Лаввотӣ(гомосекуализм) аз оғози олам дар олами ҳайвонот вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Ин нукта шаҳодат медиҳад, ки падидаи мазкур нишонаи пешравӣ неву, баръакс, як нишонаи ҳаёти ҳайвонона мебошад. Мо, ки одамизодем, медонем, ки рисолати асосии ба ҳам пайвастани ҷинсҳои муқобил давом

додани ҳаёт мебошад. Аммо ҳамзистии ҳамҷинсон аз ин рисолат орӣ аст, аз ин ҷиҳат ғайритабиӣ мебошад. Ва чизе, ки ба табиат, ба рисолати ҷинсҳо мукобил аст, набояд дар чомеаи инсони рох ёбад. Як тадкикоти ачибро дар бораи лаввоти хонда будам. Муаллиф дарёфтааст, ки хислати лаввоти аз таъсири мухит, аниктараш аз мавчудияти ибрати манфи вобастагии аник доштааст. Хатто хайвоноте, ки дар атрофашон чунин падида вуҷуд надоштааст, аз ин падидаи манфӣ озод будаанд. Яъне, тағлиби лаввотӣ, хоҳ пиари сафед бошад, хоҳ сиёҳ, барои васеътар шудани гомосексуализм мусоидат хоҳад кард.

Соҳибёри Толиб: -Мушкилоте ҳаст, ки ноогоҳона баррасӣ намудани он василаи шиддат гирифтанаш мешавад. Ба мисли миллатгароӣ, маҳалбозӣ, ихтилофи мазҳабӣ.. ва ҳамчунон амалҳои норавои шаҳвонӣ. Аммо радиое, ки чандин маротиб издивоҷи ҳамҷинсбозонро расонаӣ кард, огоҳона вориди мавзуъ шуд. Чанд гузорише, ки аз як расона ба нашр расид, хусусияти таблиғоти дошт. Ба мушоҳидаи ман дар паси ин бозӣ як суроби антиисломӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон муборизаи ноошкораш бо ахлоқи динӣ ҷон мегирад. Умед Ҷайҳонӣ: - Аз ингуна хабарҳо хушам намеояд. Аслан чаро бояд ингуна хабарҳо мунташир шаванд? Ҳоло ки ин номаъқулӣ муқтазои табиъаташон буда,

Т.Р.: - Аксарият ин гуна амалҳоро интиқод мекунанд вале қисме дар он ақидаанд, ки ин мушкилоти ҷомеъа асту онро бояд расонагӣ кард. Дар ин маврид чӣ мегуед? - Бибахшед, вале зиндагии хусусии чанд ҳамҷинсгаро чӣ рабте ба ҷомеъа дорад ки мушкили он бошад? Масалан маро чӣ кор аст бо ду ҳамҷинсгаро ки мехоҳанд «андар якдигар биспузанд»? Мушкил барои ҷомеъа замоне вақте мешавад ки онҳо дигаронро, аз ҷумла кудакону наврасонро дар доми худ андозанд. Онгок вокеъан мушкил мешавад ва рафторашонро бояд расонаӣ карду бар дорашон овехт, то ҷомеъа аз шаррашон дар амон бошад.

Davlat-khan Azizov: - Бояд дар ин маврид ВАО нависанду интиқод кунанд. Вале танҳо бо як интиқод ин мушкили чомеъа бартараф намешавад. Мебояд аз интиқоди ин гуна мавзуъҳо , ВАО ба таблиғи тарзи хаёти солим машғул шаванд.

Абубакри Файзали: Ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нест ва ин як амали нангин аст барои миллати мо. Ростӣ, миёни тамоми миллатҳо айбҳоеву навоқисе вуҷуд доранд, аммо чӣ лозим ин ҳамаро ба маърази ом гузоштан ва ба ин васила онро тарғиб кардан, ҳеҷ намефаҳмам. Беҳтар мебуд дар Тоҷикистон ин амал қонунӣ мамнуъ эълон ва ҷиноят ҳисобида мешуд. Хомўшии мардум ва ё масъулин дар ин росто оқибати ногуворе барои миллат хоҳад дошт.

«ТР»


44

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)

Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

Интиқоли пул аз Русия кам шудааст. Бори аввал дар 5 соли охир! Барои бори аввал дар дастикам 5 соли охир ҳаҷми пуле ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Втаан мефиристанд, рӯ ба коҳиш овардааст. Гуфта мешавад, гумон аст ки мардикорони тоҷик қуллаи 4-миллиард долларии соли 2013-ро имсол ҳам фатҳ бикунанд. Омори ахири Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки барои бори аввал дар дастикам як 5 соли охир ҳаҷми пули аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаи муҳоҷирони корӣ кам шудааст. Бонки марказии Русия мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли 2014 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 644 миллион доллар пул фиристода шудааст, ки назар ба семоҳаи аввали соли 2013 ин ҳудудан 35,7 миллион доллар ё 5,5 фоиз камтар аст. Ҳамин тавр, маблағи миёнае ки дар як дафъа аз Русия ба Тоҷикистон мерафт, низ коҳиш ёфтааст. Агар дар семоҳаи аввали соли 2013 як муҳоҷир дар яке навбат ба Ватан 310 доллар пул мефиристод, имсол ин маблағ то ба 270 доллар расидааст. Бино ба омори Бонки марказии Русия, солона аз ин кишвар ба хориҷ зери 60 миллиард доллар пул интиқол дода шуда, аммо аз хориҷа ба Русия дар сол 19 миллиард доллар пул меояд. Барои мисол, дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия 586 миллион доллар пул рафта, аз он тараф ба навбаи худ ба Тоҷикистон ва асосан тавассути муҳоҷирони кории тоҷик 5 маротиба бештар (!!!), яъне 4 миллиарду 173 миллион доллар пул омадааст, ки ин беш аз нисфи 40 миллиард сомонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дода, аз 15 миллиард сомонӣ ҳаҷми буҷаи солонааш ҳатто қариб 40 дарсад бештар аст. Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 1 170 825 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Мақомоти тоҷик шумори муҳоҷирони кориаш дар Русияро бештар ба далоили сиёсӣ, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябраш хеле камтар – дар ҳудуди 800 000 нафар рақам мезад. Вале касе – на мақомот, на матбуот ва на маҳофил – дар Тоҷикистон саҳми умдаи муҳоҷирон дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳам чархондани чархи аробаи ҳам иқтисоди Тоҷикистон

дар маҷмӯъ ва ҳам дар таъмини рӯзгори хонаводаҳои алоҳида рад намекунанд. Аз ин рӯ, рӯ ба коҳиш овардани ҳарду нишондиҳандаи асосиии саҳми муҳоҷирони тоҷик – ҳам ҳаҷми пули фиристодаи онҳо ва ҳам маблағи миёнае ки дар як навбат аз Русия ба Тоҷикистон ирсол мешавад, бисёриҳоро нигарон сохтааст. Дар солҳои 2008-2009 коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон ба иллати бӯҳрони иқтисодие буд, ки аз пои қариб ҳамаи дунё гирифта буд. Аммо оё ин бор чӣ далели сабаби кам шудани дастранҷи мардикорони тоҷик дар Русия ва таъбан ҳаҷми пуле шудааст, ки ин мардум ба наздикони худ дар Тоҷикистон мефиристанд? Баъди онки кишварҳои Ғарб ба далели дахолатҳояш дар Украина алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ карданд, интизороте мерафт, ки ин таҳримот метавонад боиси кунд шудани суръати рушди иқтисодии Русия шуда, ба гунаи ғайримустақим ба ҷайби муҳоҷирони корӣ дар бозори кори ин кишвар низ таъсир гузорад. Аммо ба назари таҳлилгарон, таҳримҳои байналмилалӣ, ки то ҳоли ҳозир бештар намоишӣ ва ҳушдордиҳанда буданд, ҳанӯз ба вазъи бозори кори Русия таъсири чандоне накардааст, то иқдомҳое ки худи ҳукумати Русия алайҳи муҳоҷирон рӯи даст мегирад. Беки Раҳмонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав низ мегӯяд, то ҳол хабаре дар ин бора ки ягон корхона ё ширкат ба далели таҳримот аз кор монда ваё маоши коргаронашро кам карда бошад, нашр нашудааст, вале: “Шояд зиёд бекор мондани мардуми точик дар Руссия сабаб шуда бошад. Чунки аз имсол дар бештари сохтмонҳо ва корхонаҳои бузург танҳо шаҳрвандони Русияро ба кор мегиранд ваё тоҷиконеро ки шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳое ки шаҳрвандии ин кишварро надоранд, назар ба мардуми маҳаллӣ музди камтар медиҳанд. Омили дувум, ба назарам, зиёд шудани мавридҳои радди марз шудани мардикорони тоҷик дар Русия аст.” Аммо аз тарафи дигар, дар пайи бӯҳрони Украина қурби пули русӣ дар муқобили доллару евро ба шиддат коҳиш ёфт, ки ин низ ба бозори интиқоли пул бетаъсир набудааст. Ҳоло рубли русӣ як каме гӯё ҷон мегирад, вале ба ҳар сурат, назар ба аввали

сол қариб 17 дарсади қурбашро гум кардааст. Ба бовари таҳлилгарон, зоҳиран раванди коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт. Аз сӯи дигар, ин раванд метавонад ҳатто суръат бигирад, агар таҳримҳои байналмилалӣ ба зидди Русия боз ҳам шадидтар шаваду ба суръати рушди иқтисодиаш таъсир кунад. Дар он сурат як қисмати бори сангини ин таҳримҳо ба дӯши мардикорони хориҷӣ хоҳад уфтод. Ва ин, албатта, ба вазъи мардум дар Тоҷикистон бетаръсир намемонад. Беки Раҳмонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав мегӯяд: “Мегӯянд, ҷанги хона аз бенонист. Дар сурати боз ҳам коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ба Тоҷикистон, ба назари ман, дуздиву ғоратгариву сарҳадшиканиву ҳероинфурӯшӣ ва ҷиноёти дигар ҳатман авҷи бештар мегирад.” Омори нашркардаи Бонки марказии Русия ҳамчунин ҳокист, ки интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қазоқистон, низ коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2014 аз Русия ба Узбакистон 910 миллион доллар ( 120 миллион доллар камтар аз як соли пеш), ба Қирғизистон 386 миллион доллар (6,2 миллион доллар камтар) ва ба Туркманистон 6,5 миллион доллар (2,2 миллион камтар) пул рафтааст. Ва танҳо Қазоқистон, ки мисли Туркманистон ва ба фарқ аз Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистон аз пули муҳоҷиронаш вобаста нест, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 93,2 миллион доллар пул гирифтааст, ки ин назар ба семоҳаи аввали соли гузашта 5,9 миллион доллар бештар будааст. Коршиносон мегӯянд, агар Русия ҳадди ақал як суръати минималии рушди иқтисодиашро, барои мисол, дар ҳадди ҳатто то 1 дарсад ҳифз кунад, метавон умедвори зуд пушти сар шудани ин марҳалаи навбатии сахтиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар шуд. Вале кам касе бовар дорад, ки ин артиши дастикам якмиллионнафарии мардикорон имсол ҳам битавонанд рекорид 4-миллиарддолларии соли 2013-ро фатҳ кунанд. Интизор меравад, ки ҳаҷми пулҳои аз Русия ба Тоҷикистон ирсолшуда имсол дар ҳадди ягон 3,6 – 3,7 миллиард доллар, яъне сатҳи соли 2012, қарор бигирад. www.ozodi.org

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гуруҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб, баъд аз вохӯриаш бо ҷавонони ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.” Сардабири нашрияи расмии ҲНИТ меафзояд, афроди ҳамлагар ҳатто сӯи онҳо сангпартоӣ низ кардаанд, ки ба касе нарасидааст. Рӯзи 10 июн дар пайи баста шудани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳавлии раҳбари бахши ҲНИТ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, қарор буд, ин мулоқот дар дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор гардад. Баъд аз он ки дари қароргоҳро муҳр заданд, мулоқот дар ҳавлии Муҳаммадшариф Набиев, роҳбари бахши ҳизбамон дар Кӯлоб, баргузор гардид”,-афзуд ӯ. Файзраҳмонов илова кард, Муҳиддин Кабирӣ тасмим дорад, рӯзҳои наздик бо ҷавонони Хуҷанд низ мулоқоте анҷом бидиҳад: “Дар Душанбе ҳар моҳе як бор мулоқоти раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мегардид. Дар ин мулоқот пешниҳод шуд, ки чунин чорабинӣ дар минтақаҳои кишвар низ доир гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар минтақаҳои кишвар бо ҳузури ҷавонон баргузор мегардад”. Субҳи 10 июн масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баста шудани дарҳои дафтари худ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Тавре масъулони ҲНИТ хабар доданд, дафтари ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нозироти андози ин минтақа ба хотири нагузаштан аз қайди ин ниҳод баста шудааст. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ин амали масъулини нозироти андози Кӯлобро ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфт, “кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд”. Муовини раиси ҲНИТ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масъулини бахшҳои ҳизб на танҳо дар Кӯлоб, балки дар аксар манотиқи кишвар низ бо чунин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит ин иқдоми масъулини нозироти андози Кӯлобро амали тарҳрезӣшуда ном бурда, гуфтааст: “Мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст.” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад. www. ozodagon.com

Дастури Раҳимзода ба генералҳо: Ҳамла ба Кабирӣ ва сафорат таҳқиқ шавад! Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва бетартибӣ дар назди сафорати Британияи Кабир дар Душанбе гуруҳҳои махсуси корӣ таъсис додааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, роҳбарии таҳқиқи қазияи ҳамла ба Кабирӣ ба уҳдаи генерал-майор, муовини вазири умури дохилӣ Искандар Солеҳзода, вогузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамлаи дигар низ, ки рӯзи 10-уми июн дар Душанбе ба сафорати Британияи Кабир содир шудааст, мавриди таҳқиқ қарор мегирад: “Барои таҳқиқи ҳодисаи назди Сафорат таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милистия Умарзода Икром Ислом гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳо-

дисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дорад.” Ин дастуроти вазири умури дохилӣ дар ҳолеянд, ки рӯзи 10уми июн Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон дар шаҳри Кӯлоб бо тухму памидор мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва худи ҳамон рӯз чанд нафари дигар дар Душанбе назди сафорати Британия бетартибӣ карда, ба сӯи бинои сафорат санг партофтаанд.

www.ozodagon.com


5 Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

Иқрори Усмоналӣ Ғайратов: Аз кори кардаам 100 бор пушаймонам Усмоналӣ Ғайратов, сарбози қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар латту кӯби ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев муттаҳам мешавад, рӯзи 11 июн дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф кард. Ғайратов ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, “дар вайрон намудани оинномаи ҳарбӣ худро гунаҳкор меҳисобам ва аз кори кардаам сад бор пушаймонам. Ба саломатии Шаҳбол зарар расондам ва барои ин корам ҷавоб медиҳам.” Ин сарбози нерӯҳои марзбонӣ иттиҳом дар мавриди саривақт нарасондани ёрии тиббиро рад намуда, аммо изҳор дошт, ки дар лаҳзаҳои аввал маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст: «Дар ҳақиқат, мо гуштӣ гирифта будем ва Шаҳбол ҷароҳат бардошт. Аммо ман ба ӯ ва дигар ҳамхидматҳо гуфтам, ки дурӯғ гӯянд, ки гӯиё Шаҳбол худаш нос кашида, ғалтидааст.» Додраси қазия ба Ғайратов гуфт, ҳангоми шоҳидӣ додан дар мурофиа духӯрагӣ накунаду ҳақиқатро гӯяд, чун он ҳама ба назар гирифта мешавад. Ғайратов изҳор дошт, феълан ӯ ҳақиқатро мегӯяд ва омодааст барои кори кардааш ҷавоб гӯяд. Рӯзи чоршанбе дар баробари Усмоналӣ Ғайратов, дар мурофиаи додгоҳӣ, инчунин, чанд нафари дигар, аз ҷумла сардори нуқтаи тиббии қисми низомӣ шоҳидӣ доданд. Иқрори Усмоналӣ Ғайратов: Аз кори кардаам 100 бор пушаймонамБаргигул Солеҳова, иҷрокунандаи сардори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, ҳангоми шоҳидӣ додан дар додгоҳ гуфт, субҳи 7 марти соли ҷорӣ хабар ёфтааст, ки Шаҳбол ҷароҳат бардоштааст. «Вақте ба наздаш рафтам, дидам, дарди сахти миён дораду як пойяш аз кор мондааст»,-гуфт ӯ. Солеҳова

таъкид намуд, дар бадани Шаҳбол ҳеч гуна пайи сурху кабуд дида намешуд: “Вале санҷидани ҳаракат ба пояш сӯзан задам, ки ҳеч ҳаракате нашуд”. Хонум Солеҳова илова намуд, Шаҳбол бори якум ба ӯ гуфтааст, аз баландӣ афтодааст, вале баъдан аз бародари Шаҳбол хабар ёфтааст, ки ӯ дар натиҷаи гуштӣ бо Усмоналӣ ҷароҳат бардоштааст. Баргигул идома дод, аслан дар қисми низомӣ гуштӣ гирифтан мумкин нест ва қаблан низ боре гуштигирии сарбозонро мушоҳида накардааст: “Дар қисми низомӣ 6 фелдшер фаъолият дошт, ки 4 нафари онҳо барои навбатдорӣ ҷалб мешуд. Усмоналӣ Ғайратов барои навбатдорӣ дар қисми ҳарбӣ ҷалб намешуд, зеро мегуфтанд, аввал ӯ корро омӯзад. Хабардор набудам, ки қаблан Усмоналӣ маҳкум шудааст. Ӯ бо фармони худи генерал соли 2013 дар қисми низомӣ ба кор таъин шудааст”. Солеҳова мегӯяд, агар

ҳамкорашон Гулрафтор Ширинова, ки рӯзи рух додани ҳодиса навбатдорӣ дар бунгоҳи тиббиро бар дӯш дошт, ба хонааш намерафт, шояд кор то ба ин сатҳ намерасид. Аммо Гулрафтор Ширинова, ки дар хунукназарӣ муттаҳам мешавад, изҳор дошт, он рӯз аз сабаби бемор шудани фарзандаш аз раҳбарияти нуқтаи тиббии қисми низомӣ - Солеҳова ҷавоб гирифта, дар ҷои худ Усмоналӣ Ғайратовро таъин карда буд: “Тибқи низомнома ман чунин ҳақро дорам, ки дар сурати бемор шудани фарзандам муваққатан ҷавоб гирам”. Иқрори Усмоналӣ Ғайратов: Аз кори кардаам 100 бор пушаймонамМузаффар Наҷмиддинов, масъули Маркази миллии тиббӣ ва ҷарроҳи асаб, низ дар додгоҳ шоҳидӣ дода, гуфт, «вақте Шаҳболро ба беморхона оварданд, воқеан, ҳам ҳолаташ вазнин буд ва дар бадани ӯ пайи “бақлашка” намудор буд. Ташхис нишон дод, ки ҳароммағзаш канда шудааст. Агар саривақт

ҳам меоварданд, шонси сабук кардани ҳолати Шаҳбол вуҷуд надошт.” Ба суоли додситон дар мавриди саломатии Шаҳбол дар оянда Наҷмиддинов посух дод, ки “аз таҷрибаи кориям гуфта метавонам, нафари дигаре, ки монанди Шаҳбол ҷароҳат дошт, баъди 18 соли табобат сиҳат шуда буд. Ҳолати нафари дигар бо чунин ҷароҳат, ки дар Ҳиндустон табобат мегирифт, бетағйир боқӣ мондааст”. Додгоҳ мурофиаи навбатиро рӯзи 16 июн таъин карда, интизор меравад, баъд аз шунидани баромади вакилону додситон ҳукми худро эълон кунад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 июн Ҷавлон, сарбози дигари қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар додгоҳ латту кӯб шудани Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ карда буд. Ба қавли Ҷавлон, Шаҳбол Мирзоев шоми 6 марти соли ҷорӣ аз тарафи Усмоналӣ Ғайратов дар нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 мавриди лат-

ту кӯб қарор гирифтааст. Ин сарбоз дар додгоҳ гуфт, Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ менишаст ва вақте аз панҷара Шаҳболро мебинад, ӯро ба дохил даъват мекунад. Ба нақли Ҷавлон Ёриев “вақте Шаҳбол вориди утоқ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфт, то ҳарду рӯйи худро дам кунад ва ҳамон замон як шаппотӣ зад.” Аз рӯи нақли Ҷавлон, Усмоналӣ баъд аз ин ба Шаҳбол пешниҳод мекунад, то бо ҳам гуштӣ бигиранд ва ҳарчанд Шаҳбол рад мекунад, Усмоналӣ ӯро ба замин ғалтонда ба шикамаш бо лагад мезанад. Барои назорати ҷараёни ин мурофиаи додгоҳӣ теъдоди зиёди одамон омада буданд, вале ба далели маризӣ Шаҳболу падараш натавонистанд ба мурофиаи биёянд. Онҳоро дар додгоҳ Бунёд Ёрматов, яке аз наздиконашон ва, инчунин, вакили мудофеъ Абдурҳамон Шарифов намояндагӣ доранд. Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар

мҳои фаҳше нашр мешаванд, ки қаҳрамонҳои асосии он аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва руҳониён муаррифӣ мегарданд. Масъулини ҲНИТ ин маъракаро махсус ташкилшуда мегӯянд, ки ба бадном кардани ҳизб нигаронида шудааст. Қаблан Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон паҳн намудани ин гуна наворҳоро маҳкум карда, амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон намуда буданд. www. ozodagon.com

www. ozodagon.com

ТАБИБИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК “ДУХТУРИ БЕҲТАРИНИ СОЛ” ДАР ТОТОРИСТОН

Иттилоияи ВКД: Мо “Нури наҳзат”-ро маҳкум накардаем Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 июн бо пахши иттилоияе гуфт, то ҳол силсилафилми баҳсбарангези “Нури наҳзат”-ро маҳкум накарда ва хабари расонаҳо дар ин бора асос надорад. Дар ин иттилоия гуфта шудааст, расонаҳо аз қавли Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, навиштаанд, гӯиё “Нури наҳзат” хидмати хирсона мекунад. «Хабар асос надорад ва муаллифон аз номи Ҷалолиддин Садриддинов фикри худро навиштаанд»,-омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки аз номи студияи “Нури наҳзат” моҳҳои охир фил-

асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад. Шаҳбол Мирзоеви 23сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.” Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”

Абдумалик Ғаниев, табиби муҳоҷири тоҷик дар Русия, дар иди пизишкон ҳамчун «Духтури беҳтарини сол» дар Ҷумҳурии Тотористон муаррифӣ гардид. Ин ҷоизаро ба ӯ Вафин Адел Юнусович, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тотористон тақдим кардааст. Абдумалик Ғаниев зодаи ноҳияи Ашт буда, соли 1969 дар

онҷо мутаваллид шудааст. Мавсуф баъди хатми мактаби миёна соли 1986 ба Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали Ибни Сино шомил шуда, баъди хатми он чанд муддате дар беморхони деҳаи Понғоз кор кардааст. Доктор Ғаниев соли 2006 тарки Тоҷикистон карда, ба Русия меравад ва дар беморхонаи рақами 8 - и шаҳри Набережние Челни ба ҳайси духтури маризҳои ботин ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ҳашт соли кор, ӯ муваффақ шуд, ки духтури соли яке аз калонтарин ҳудудҳои маъмурии Русия шавад. Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар Русия поликлиника ва шифохонае нест, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик ва ё қирғиз

кор накунанд.

www.tojnews.org


66

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)

«Симои муҳоҷир» - телевизиони муҳоҷирбачаҳои тоҷик Муассиси телевизионии интернетии “Симои муҳоҷир” мегӯяд, ҳадафи онҳо на тиҷорат, балки муаррифии фарҳанг ва симои мусбати мардуми тоҷик дар майдони иттилоотии Русия аст. Дар bestdomen.com – яке аз пойгоҳҳои бузурги Интернет- шабакаи нави телевизионие бо номи “Садои муҳоҷир” ба пахши озмоишии барномаҳояш шурӯъ кардааст. Ин шабака, тавре аз номаш бармеояд, асосан барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия барнома пахш мекунад ва ин суханонро шиори худ интихоб кардааст: “Мо як муқаддасоти олие дорем барои худ: Ватан, Модар ва Миллат! Дигаронро намедонам, аз чӣ ифтихор доранд ва барои чӣ пайкор мекунанд!” Ин телевизионро метавон дар ин нишонӣ пайдо ва тамошо кард: http://bestdomen.com/en/ simoimuhojir.html Дар ин пойгоҳи интернетӣ дар канори телевизиони “Симои муҳоҷир” ҳамчунин метавон барномаҳои радиои “Муҳоҷир” ва радиои то ҳол ношиноси “Шайданское радио Диёр”-ро гӯш кард. Чун дар аксари сомонаҳои тафреҳӣ барои ҷалби бинандагон дар ин пойгоҳ шуморе аз сериалҳои маъруфи туркӣ ва ҳам филмҳои тоҷикиро барои тамошо гузоштаанд. Дар ҳоли ҳозир “Симои муҳоҷир” дар тӯли 24 соат ба бинандагон дар қатори барномаҳои вижае, чун “Сӯҳбатҳо бо тоҷикони дунё”, ки аз тариқи Скайп сабт мешаванд, видеоклипҳои овозхонони асосан тоҷик, аз ҷумла Далери Хайриддин, Фирӯза Ҳафизова, Меҳринигори Рустам, Нигина Амонқулова, Мино ва Ҷӯрабек Муродовро бо таманниёти бархе аз ин ситораҳо ба муҳоҷирони тоҷик пешниҳод мекунад. Раҳим Қаландаров, яке аз асосгузорони телевизиони “Симои муҳоҷир” рӯзи 8 июн ба Озодӣ гуфт, вақте дар моҳи августи соли 2013 ӯву Тоҳир Ҳамдамов ҳарду маҳсули нахустинашон – радиои “Муҳоҷир”-ро ба медиа-ҳолдинги “Tajinfo” – яке аз пойгоҳҳои хабарии тоҷикони Русия - фурӯхтанд, билофосила аз пайи сохтани телевизион шуданд. Оқои Қаландаров афзуд, ин шабака пахши барномаҳояшро ду моҳ пеш, аз пахши консерти ахири Баҳроми Ғафурӣ дар Рок Ҳаузи Маскав оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, “мақсади мо аз ин тарҳ пулкоркунӣ нест. Мо пеш аз ҳама мехоҳем фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ кунем. Аз тарафи дигар, мардуми мо мақоле дорад, ки шунидан кай бувад монанди дидан. Момехоҳем дар муқобили барномаҳои телевизионҳои Русия, ки тоҷиконро аксаран бо рангҳои манфӣ тасвир мекунанд, барномаҳое ташкил кунем, ки дар бораи зиндагии хонаводаҳои тоҷикон дар Русия қисса кунад.“ Барномаҳои ин шабакаро Раҳим Қаландаров аз Маскав ва барномасози “Симои муҳоҷир” Тоҳир Ҳамдамов аз Тюмен таҳия мекунанд. Раҳим Қаландаров 38 сол

дошта, баъди хатми техникуми молиявӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, вале ба далели мушкилоти зиндагӣ таҳсилро нима гузошта, ба Русия меояд: “Ман аз касе пинҳон намекунам, ки корамро аз кӯчарӯбӣ сар кардам. Ҳоло муҳосибам ва корам хеле хуб аст.” Ӯ афзуд, онҳо талош хоҳанд кард, то “Симои муҳоҷир” ҳарчӣ бештар ба як телевизиони касбӣ табдил ёбад: “Мо мехоҳем шумораи барномаҳои худиро зиёдтар кунем. Аз муҳоҷирони тоҷик ҳам хостаем, то саҳнаҳое аз зиндагиашон дар Русия ва ҳамин тавр, лаҳзаҳои ҷолиберо, ки шоҳидаш мешаванд, ба навор гиранд ва аз тариқи телефон ба мо бифиристанд. Мо ҳатто қасд доштем, ки якбора барномаҳоямонро тариқи моҳвора нашр кунем. Азбаски тамоми харҷ аз ҳисоби ману Тоҳир аст ва барои ин ҳама тақрибан 200 000 доллар лозим буд, аз нигоҳи молӣ зӯрамон дар ҳоли ҳозир ба пахши моҳвораӣ намерасад. Вале оҳиста-оҳиста ин корро ҳам мекунем.” Дар ин пойгоҳи интернетӣ дар канори телевизиони “Симои муҳоҷир” ҳамчунин метавон барномаҳои радиои “Муҳоҷир” ва радиои то ҳол ношиноси “Шайданское радио Диёр”-ро гӯш кард. Чун дар аксари сомонаҳои тафреҳӣ барои ҷалби бинандагон дар ин пойгоҳ шуморе аз сериалҳои маъруфи туркӣ ва ҳам филмҳои тоҷикиро барои тамошо гузоштаанд. Радиои «Муҳоҷир» чӣ ҳол дорад? Ғуфрон Ваҳҳобов - раиси медиа-ҳолдинги “Tajinfo” – рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, шабакаи “Симои муҳоҷир” тарҳи Раҳим Қаландаров ва Тоҳир Ҳамдамов аст, ки дар соли 2012 радиои “Муҳоҷир”нахустин шабакаи радиои интернетӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро таъсис дода буданд. Ин радио аз августи соли 2013 зери чатри “Tajinfo” қарор гирифт. Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир радиои “Муҳоҷир” дар

рӯз то 5000 шунаванда дошта, бархе барномаҳояш шунавандаҳои аз ин ҳам бештарро гирд меоранд. Ин шабакаи радиоӣ, ки низ корашро аз пахши таронаҳо шурӯъ карда буд, ҳоло як силсила барномаҳои тавлидотӣ ҳам дорад. Ғуфрон Ваҳҳобов ба Озодӣ гуфт, бештар барномаҳои “Сӯҳбати мустақим”, “Дар ёди Ватан”, “Садои муҳоҷир” ва “Уроки толерантности”, ки шоири русзабони зодаи Тоҷикистон Алексей Афғонов таҳия мекунад, байни шунавандагони радиои “Муҳоҷир” тарафдори зиёд доштаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо изҳори умед кард, ки шабакаи “Симои муҳоҷир” ҳам дар ин марҳалаи аввалияи пахши фақат видеоклипҳо дар нахоҳад монд: “Ман боварӣ дорам, ки онҳо батадриҷ як шабакаи касбӣ хоҳанд сохт. Медиа-ҳолдинги “Tajinfo” низ 5-6 сол боз дар фикри сохтани телевизион барои муҳоҷирон ҳаст, вале ин кор сармоягузории бузург мехоҳад. Аммо инки зарурати таъсиси чунин телевизион барои муҳоҷирони тоҷики Русия пеш омадааст, ҷои баҳс надорад.” ТВ тоҷикӣ барои 1 миллион тоҷики Русия Чунин заруратро ҷамъиятҳои тоҷикони Русия низ эътироф мекунанд. Онҳо мегӯянд, беш аз 1 миллион тоҷике ки ҳар сол дар талаби ризқу рӯзӣ худро ба Русия мезанад, ба расонаҳое ниёз дорад, ки ба онҳо ахбори Тоҷикистонро расонда тавонад ва ҳам пуле бошад, ки иртиботи фарҳангӣ байни мардуми аз Ватан дурафтодаро бо Тоҷикистон ҳифз бикунад. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таъсиси пойгоҳҳои бақуввати иттилоотӣ, аз ҷумла нашрияҳову хабаргузориҳо ва радиову телевизионҳо барои муҳоҷирони тоҷик дигар нафақат амри лозим, балки як амри ногузир аст. Оқои Эгамзод дар ин маврид аз таҷрибаи муҳоҷирони эронӣ дар Амрико мисол овард, ки даҳҳо телевизион таъсис додаанд ваё ҳатто муҳоҷирони рус, ки қариб

дар ҳар кишвари Аврупо барои худ ба забони русӣ нашрияву радиову телевизион доранд. Муҳаммади Эгамзод мегӯяд: “Мо аз таъсиси чунин расонаҳо фақат истиқбол мекунем. Муҳоҷирони моро бояд як фазои фарҳангиву иттилоотии тоҷикона дошта бошанд. Вале ин кор бояд дар сатҳи баланд, дар сатҳи ҷавобгӯ ба манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистон анҷом шавад. Ва расонаҳои тоҷикӣ битавонанд дар муқобили сели гузоришҳои манфие, ки матбуоти Русия дар бораи муҳоҷирони тоҷик нашр мекунанд, ақалан дар мавриди сохтани як симои накӯе аз тоҷикону аз Тоҷикистон дар ин сарзамин мусоидат кунанд, ақалан халал нарасонанд. Ин корест ки аз сӯи ҳама ба сурати дастаҷамъӣ ва аз як гиребон сар баровард, бояд анҷом шавад. Сафири навтаъини Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки аз таҷрибаи муҳоҷирони рус дар Олмон хуб огоҳ аст, низ ҳамин фикрро дорад.” На «Сафо» монду на «ТМТ» омад “Симои муҳоҷир” талоши нахустин барои таъсиси телевизиони тоҷикӣ дар Русия нест. Аммо то кунун дар Русия бештар талоши сохтани шабакаҳои телевизионии мухолиф ваё ҳадди ақал мустақил аз давлати Тоҷикистон мушоҳида мешуд. ТВ Сафо Аз ҷумла моҳи августи соли 2013 дар Маскав шабакаи телевизионие бо номи “Сафо” ба пахши барномаҳояш тавассути моҳвораи Hotbird оғоз кард. Ин телевизион, ки асосан рӯи масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тамаркуз мекард ва ҳатто гумон мерафт, ки аз сӯи раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ (ҳарчанд ӯ худаш инро рад мекунад) ташкил шудааст, ҳамагӣ баъди 3 моҳ , дар моҳи ноябр ва дуруст дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон аз моҳвора ғайб зад. Дастандаркоронаш мегуфтанд, ки иллати қатъи фаъолияти ТВ “Сафо” муш-

килоти молист, ки ба зудӣ рафъ хоҳад шуд. Аммо бо гузашти инак 7 моҳ ин шабака дигар зоҳир нашуд ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳайати кормандонаш низ кайҳо парешон шудааст. Дар моҳи марти соли равон Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики Русия эълон кард, ки бо ҷамъе аз ҳамфикронаш шабакаи наве бо номи “Телевизиони мардумии Тоҷикистон”-ро таъсис додаанд ва ҳоло дар марҳалаи анҷоми корҳои фаннии лозим барои оғози кори ин телевизионанд. Иззат Амон аз ҷумла ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, ҳадафи онҳо таъсиси расонаи мустақилест, ки битавонад ба мардум ахбори дурусту воқеиро бирасонад ва “як шабакаи воқеан мардумӣ бошад. На мисли телевизионҳои Тоҷикистон, ки танҳо ва танҳо аз таърифу тавсифи як нафар ва ё хонаводаи як нафар иборат аст.” Чанд барномаи озмоишии “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” тавассути сомонаи Youtube низ нашр шуд. Аммо бо гузашти 3 моҳ “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” то ҳол ба фаъолият шурӯъ накардааст. Коршиносони масоили телевизион мегӯянд, сохтани як телевизион нисбат ба як нашрия ва ҳатто як радио харҷи бамаротиб бештарро тақозо мекунад, чунки ба васоили зиёди фанние – сар карда аз видеокамераҳо то студияҳои телевизиониву васоили пахши барномаҳо тавассути Интернет ё моҳвора – ниёз дорад. Як нафари огоҳ гуфт, барои сохтани як телевизиони “миёнаҳол” аз 200 000 то 1 миллион доллар сармоя лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик бо вуҷуди беш аз 20 соли ҳузур дар бозори кори Русия то ҳол сарватмандоне ба чунин тавоноиро ба миён наовардаанд, ки барои чунин як амри хайр аз ҷайбаш 1 миллион доллар бароварда битавонад. Ва далели асосии то ҳол як телевизони комил надоштани як миллион тоҷик дар Русия низ, ба бовари ӯ, ҳамин аст. ozodi.org


Замимаи “Тољикони Россия”

7

№13

Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

Гули Мурод Гулов, муҳоҷири собиқадор аз Челябинск

ДОДО Бо ёди ту гашта-гашта беёд шудам, Зардолуи хушкондаи компот шудам. Андар баданам қаламча-гӯште нестаст, Додо-додо ,ба сони Робот шудам. ххх Як сол мешад,гарми напухтем,додо, Нимгӯшнаву лабташна нухуфтем, додо. Дидем бе ту шароитомо танг аст, Мо гова ба гӯсола фурӯхтем,додо. ххх Ашк -аз дили худ ҷудо шудам, гуфт, гирист, Аз дарду ғами Шумо шудам, гуфт, гирист. Гар нури ду дидахои одам будам, Амр омаду зери по шудам, гуфт, гирист ххх Додо,ба сафар равонаӣ медонам. Бо русӣ ту,дар таронаӣ, медонам. Аз омаду рафтанои серӯзаи ту, Дар ишқи дигар дугонаӣ, медонам. ххх Оча ба худаш гуд-гуду бай-бай мегуфт: -Аз хориҷи мамлакат туро хай мегуфт. Додо,ки туро нисбати бепарвоит, Эй кош Худо,-Рассия<Гуд Бай>мегуфт. ххх Аз диққи нафас кафам-кафам, мегӯям Берун зи канори ғам равам- ,мегӯям, Кайҳо ба дилам задаст-додогӯӣ, Додои худам-худам шавам, мегӯям. ххх Додо,-гӯён,дилам адо шуд,додо, Бо ман ҳама деҳа ҳамсадо шуд, додо. Шукронаи қотурмаи очам созам, Ношукрии ман ҳама хато шуд, додо ххх Бе дидани Ту обу адоям,додо, То кай зи ғарибӣ месароям, додо? Эй кош, ба як саҳар дароӣ аз дар, Аз таънаи мардумо бароям,додо! ххх Дар тантанаҳои хеш дорӣ прогул, Дар ананаҳои хеш дорӣ прогул. Бегоҳу пагоҳу тирамаҳ-мегӯӣ, Ҳам дар санаҳои хеш дорӣ прогул... ххх Кай медонам,дар Расии, дар Қавқоз, Додо, ту агар омадӣ, мекардам ноз. Монанди дигар ҳамнишинонам ҳар рӯз, Дастурхони худоӣ мекардам боз ххх Мактаб, ҳама ҷо хусусӣ шуд, додо нест, Ду хоҳаракам арӯсӣ шуд, додо нест. Аз тилфунам ҷавоби <Занят> шунавам, Ҳарфу суханам урусӣ шуд,додо нест. ххх Аз дур садо шавад,гумонам-додо, Гар шарфаи по шавад,гумонам-додо. Аз баҳри навозиши писар ҳар лаҳза, Оғо шавад, гумонам-додо.


88

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)

мысли Вслух... А. Авганов, сын своего отца

Во имя Аллаха Милостивого, Милосердного! Спаси и сохрани Господи грешных рабов твоих!

... я сидел в Исфаре, в доме отдыха... на скамейке, днем, пел соловей, а я все никак не мог понять, откуда трели, где сидит этот прекрасный певец?! И вдруг я увидел его: маленький, серенький он сидел на плафоне, на столбе освещения. Я смотрел и боялся дышать. Обычно птицы - мужики, в природе, ходят расфуфыренные и кичатся своим оперением: а это незаметный какой - то, внешне. Может все соловьи,.... соловьихи, а самец - соловей с красивым оперением сидит, типа, в гареме и делает свое воспроизводственное дело?!... ... и я написал: ...в глубине исфаринских аллей мне пропел соловей, чашу радости полною мерой, испей Алексей! ты сумел, ты вернулся, по чужбине окончен твой путь, отдыхай, но о тех, кто в пути помогал, помолись, не забудь! слава Вам, братья и сестры, я хотел бы быть Вашим соловьем! Альхамдулиллах! ИншаАллах! Аминь! Омин!

...четыре дня был в Воронеже, на ежегодной (уже 16ть лет) традиционной, международной встрече «Незабудка собирает друзей». Инициатор и хозяин встречи Олег Сехниев - уроженец Гафурова, (подробнее: статья за май месяц сего года в газете Точ,икони РУССИЯ под моим авторством - ВЕЩИЙ ОЛЕГ ТАДЖИКИСТАНА)... Гости - все,... кто когда то жил, или живет в Таджикистане, кто любит и ценит таджиков и таджикскую Землю, кто не забыл Таджикистан. География гостей - Россия, Таджикистан, Германия, Испания, Израиль, США, Узбекистан, Казахстан, Кыргызстан и т. д., количество - до 400 человек (нафар). Потом поехал в Белгород к друзьям, которых не видел много лет, нашел друга нового в г. Губкин Белгородской области. Приехал в Рязань и пишу Вам отчет, дорогие мои братья и сестры! Пока есть такие встречи... любовь к Таджикистану, в тех странах откуда едут гости Незабудки не умрет,... то абад! Под впечатлением встречи

написал (вернее подредактировал) стих, который по моему сегодняшнему настроению... хотя и не очень оптимистичный, но верный, к сожалению! Жаль... но не все мои друзья, счастливы! Афсус! Альхамдилуллах, надеюсь все пройдет! Ассалому алайкум, Рахматулло, мои дорогие таджики и таджикистанцы, я люблю Вас и хочу чтобы Вы это знали! Когда просохнут лужи… Нет ничего страшней, когда ты… Никому… не нужен! Когда ты чувствуешь… как тяжелы года… Так, неужели, думаешь ты… с грустью!... Всё это, не на время… навсегда!? С любимыми… не расставайтесь… И боль, свою, делите меж собой… Ну а взамен, отдайте свою… верность! И вот тогда, тогда, придет… любовь! Придет и всё изменит, в одночасье, Вновь расцветут, в душе, Надежда и Любовь... И сердце, старое, как в юности, прекрасной!

Погонит вновь, стареющую кровь!!! Настанет Новый День! Простит грехи нам Всепрощающий Господь! Мы будем, вместе, счАстливы и… живы! А одиночество, навек,… уйдет! Нет… ничего… страшней, … Когда ты, вроде как, ничей!!! Но верь, друг одинокий мой,… всё, всё пройдет! И ты уж точно, снова, станешь… нужен!!! А вот, когда?! Я думаю, весной,… когда просохнут лужи... Ну а кому?! Ты сам решишь и сам... поймешь!!! Ватанам, чонакам!!! Ватанам, чонакам,… ман туро… Ман туро нагз бинам, Ватанро! Ватанам, чонакам, ту хушруй, Ман орзу як дорам… ту обруй! Ман ободу кунам… Ватанам, Ман, все силы отдам, землякам! Ватанам, чонакам,… меоям, Ватанам, чонакам, жизнь отдам! Ватанам, чонакам, ты дождись! Трудно жить, знаю я, ТЫ – крепись!!!


Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

99


10

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)


11 Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

Персидско-таджикский пир и шейх БИОГРАФИЯ Абдулкадыр Гилани (его полное имя Муhиддин Абу Муhаммад бин Абу Салих Зенгидост) родился в 470 /1077 г в Иране, городе Гилан, где он обрел с раннего детства любовь к мудрости, а также большое уважение к обучению как к важнейшему труду, испытывал глубокое почтение к ученым, восхищался их глубиной философского и религиозного знания.. Ему нравилось учиться с детства. После получения начального образования на родине ,в восемнадцатилетнем возрасте Гилани приехал в Багдад. В Багдаде продолжил свое религиозное образование у различных , принадлежавшим к великим таджикско-персидским духовным учите-лям. Арабские ученые проявляли большой научный, философский интерес к открытиям лидеров персидского духовного развития. Это был пример истинного диалога культур. Гилани глубоко постигал ис-тины и мудрость великого Корана , хадис, фикх, тафсир, такие основные науки о развитии цивилизации, как историю, философию, культуру, языки. Шейх Абдулкадыр великолепно овладел этими системами знаний. Через Абуль-Хайр Муhаммада бин Муслима Даббаса, встал на путь тасаввуфа и надел хирку тариката. Затем Гилани уехал из Багдада, 25 лет прожил отшельником, странствуя по пустынным районам Ирака. Он уже достиг пятидесятилетнего, когда вернулся в Багдад в 1127 году и начал проповедовать в общественных местах. По Воле Всевышнего, под влиянием лекций достопочтенного Шейха, люди тысячами принимали Ислам, а грешники каялись. Многие ученые и государственные деятели стали его мюридами. Невозможное становилось реальным, даже враги Ислама превращались в добропорядочных

Абдулкадыр Гилани - персидско - таджикский проповедник, богослов, суфийский шейх,Гаус-е-Азам,Султан аль-Аулия, Муhиддин, Аль-Хасани Аль-Хусейни, основатель суфийского ордена Кадирийа. мусульман и послушных учеников Шейха. Была возрождена тенденция осознания людьми настоящих ценностей - ценностей духовных. Согласно его учению, необходимо завершить свой собственный путь нравственного развития, достичь высокого уровня д у -

ховного совершенства, затем жить и работать среди людей, творить добро для других . Персидско-таджикский пир и шейх Абдулкадыр Гилани снискал большое уважение также и среди других народов Востока: в арабском мире, исторической общности Северного Кавказа, а также среди народов тюркской языковой группы. Мне необходимо отметить, что язык фарси был важнейшим в истории культуры этих народов ,особенно в тюркской среде . Язык фарси - это язык литературы, распространенный на обшир-

Бехуд нагуфтаанд, ки хостан тавонистан аст. Агар бихоҳӣ, мешавад. Агар барномаҳои омӯзишии Хайриддин Абдуллоҳ набуд, Худо медонад, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия авқоти фароғати худро бо чӣ корҳое мегузарониданд. Ин ҷавони тоҷик бо ташаббуси шахсӣ, ибтидо бо чанд нафари маъдуд корашро шурӯъ кард. Аммо ҳаминак дар 12 маркази омӯзишӣ ба тадриси забон ва хатти порсӣ барои муҳоҷирони тоҷик машғул аст. Худаш мегӯяд: “Кунун дар шаҳри Москави Русия, зиёда аз 12 марказҳои бозомӯзӣ барои муҳоҷирини порсизабон муҳайё карда шуд, ки эшон метавонанд пас аз интиҳои соатҳои корӣ дар марказҳои мазкур омада, аз омӯзиши ройгон, мин ҷумла Қуръон, фиқҳи ҳанафӣ, ҷомеъашиносӣ, равоншиносӣ, хат ва забони порсиро аз худ кунанд.” Хайриддин Абдулло дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат меафзояд: “Фаъолияти марказҳои мазкур бо риояи ҳама гуна қонунҳои давлати Русия ва зери назари Муфтиёт фаъол аст, ки пас ба итмом расонидани таҳсил ҳар яке аз муҳассилин дорои шаҳодатнома ва диплом хоҳанд шуд. Бинобар ин, аз муҳоҷирони азиз даъват ба амал меорам, вақтҳои холии худро беҳуда нагузаронанд ва ба омӯзиш машғул шаванд.”

ной территории, охватывающей Иран, Афганистан, Закавказье, Среднюю Азию, Индию. Выдающиеся литературные произведе-

ния таджикско-персидских авторов, поэтов-философов хорошо знали и переводили на тюркские языки. Среди них были величайшие суфийские пиры, наставники, снискав-шие уважение и высоко почитаемые в мире , освещавшие пути развития тюркоязычных народов силой своей веры и таланта , мудростью религиозной мысли,это Гилани и Руми , воплотившие в своей поэзии культуру всего мусульманского региона и выразившие в ней с небывалой силой «величие человеческого духа в его бесконечном стремлении к совер-

шенству». Так писал великий Руми, размышляя о смысле и космосе человека и личности, истинном величии ее идеалов: « Ты ищешь удовольствий в сладостном – что за нелепость! Ведь ты - море постижений, скрытое в капле росы, ты – Все-

ленная, таящаяся в теле длиной в полтора метра.»В настоящее время особенно сильны позиции учения тариката Кадирии (Абдулкадыр Гилани ) в Западной и Северной Африке, Судане ,Ираке и в других арабских странах, Чеченской республике Северного Кавказа. В настоящее время в этих странах, также и в России большинство имамов, заместителей имамов, советников муфтия, большие духовные учителя Корана, фикх , хадис и др… принадлежат к таджикско-персидской исторической общности. Братство «Кадирийа» знамени-

то ритуалом громко зикра. Зикр состоит из трех частей и чтения касиды ал – Барзанджи в прославление Пророка, рецитации обязательных молитв и хорового прославления (мадаих) патрона братства, завершающегося наставлениями членам обители. Эмблема «Кадирийа»- зеленая роза с тремя рядами лепестков (5-6-7, соответственно означающих- пять столпов ислама, шесть основ веры и семь слов в формуле зикра). Последователи ,начиная с Ибн Араби, называли его «Кутуб» (Величайший ученый) и «Инсан-камил» (Совершенный человек) и до нашех дней . Шейх Абдулкадыр обладал многими караматами, о нем известно огромное количество удивительных историй , о них рассказывают различные источники персидской религиозной литературы, переве-денные на многие языки мира, что свидетельствует о глубоком диалоге культур. Об одном из таких чудесных явлений «кара-мат»Абдулкадир Гилани рассказывает аль-Яфи`и (да смилуется над ним Аллаh) через

Хайриддин хост ва шуд...

Вай дар бораи фаъолияти тоҷикҳо дар Русия ёдовар шуд: “Беш аз 75 дарсади намозгузорони масҷидҳои Маскав тоҷиконанд ва инчунин дар ҳар масҷид мушовирону мудариссону муаззинонаш ҳам аз тоҷиканд. Ҳофизони Қуръон ва донишмандони дин аз байни муҳоҷирон бисёранд. Пӯшида нест, ки раисиҷумҳури Че-

ченистон Рамазон Қодиров баъди масҷиди бузург ва дар канори он мадраса сохтанаш яъне дар маркази пойтахти кишвараш шаҳри Грозный, мударрисону мушовирону муаззинҳоро хусусан аз тоҷикон қарор дод, ки дар яке аз суханрониҳояш ҳам ба ин матлаб ишора кард ва гуфт, ки “миллати порсизабони тоҷик дар ҳар соҳаи

илми диниву дунявӣ дар ҳар аср поягузор ва устод буданд.” Хайриддини Абдуллоҳ афзуд: “Ва ишораи Қодиров ҳам дуруст аст; зеро поягузори тамоми илмҳои диниву дунявӣ порсизабонҳо ва тоҷиконанд. Ба унвони мисол, дар илми Қуръон Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки соҳиби Тафсири Ҳусайнист, ва дар илми фиқҳ,

достоверную цепочку людей: Что «Шейх Абдулкадир Гилани однажды съел курицу, и после того, как от нее остались лишь одни кости, он обратился к Аллаhу, и Всевышний Аллаh оживил ее для него, после чего она встала перед ним такой же, как она была до того, как ее зарезали и сварили». ДАТА СМЕРТИ Всевышний Аллаh возвеличил Абдулкадыра истинным Исламом. Аллаh дал ему часть своей науки, одарил прямотой в служении, следованием науки (Шариату), связал имя шейха с «золотой цепью» Пророка, да благословит Его Аллаh и приветствует, возвеличил его, дав караматы. Шейх умер в 562/1166году, в возрасте девяносто одного года, и был погребён в Багдаде. Мавзолей Абдулкадыр Гилани стал одной из главных святынь Багдада. Домулло Хайриддини Абдуллоh, руководитель отдела по духовному воспитанию и духовной культуре ООД «ТТМ»

ки поягузори ин илми ва устоди тамоми фуқаҳо Имом Абӯҳанифа аст. Ва асосгузори илми ҳадис, ки ҳама тоҷикон буданд, ба мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, ва асосгузори илми торих Табарист. Ва инчунин асосгузори илмҳои дунявӣ ҳам ҳама бешак тоҷикон буданд, ба мисоли Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ ва ҳазорон донишмандони дигар, ки дар сар то сари ҷаҳон машҳуранд.” Хайриддин Абдуллоҳ дар идома хотирнишон кард: “Дар ҳоле ки мо фарзандони чунин бузургонем, мо тоҷикон ҳаққе надорем, ки бедониш гардем ва ё агар донишмандем дониши худро ба касе наомӯзем, новобаста дар чӣ шароите, ки набошем.” Вай афзуд: “Ман аз он мефахрам, ки дар ин кишвар ҳар кӯдаки тоҷик муаллими пирони дигар миллатанд. Ман аз он мефахрам, ки ҳеҷ миллатеро дар баробари миллати худ дорои чунин бузургону фарҳанг намебинам.” Хайриддини Абдуллоҳ дар идома ёдовар шуд: “Аммо афсӯс аз он мехӯрам, ки ҳамаи инҳо парокандаанд, касеро надорем, ки инҳоро гоҳ гоҳе сари як миз оварад, як маркази фарҳангие, ки инҳо дар онҷо гоҳ гоҳе ҷамъ шаванд.” kemyaesaadat.tj


12

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07)


13 Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,

ИМОМ МАҲДӢ КИСТ? МО СУННИҲО ИМОМ МАҲДИРО ҚАБУЛ ДОРЕМ Ё НЕ? ОЁ ОНЧИ ШИЪАЁН МЕГӮЯД ДУРУСТ АСТ? Имом Маҳдӣ аз насли ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буда дар охируз замон зуҳур хоҳад кард ва ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад намуд. Зуҳури имом мавриди қабули тамомии мазоҳиб ва макотиби исломӣ - аз аҳли суннату шиъа мебошад. Ва танҳо ба ҷуз гуруҳҳои тундрави ваҳҳобию салафия, ки аксари онҳо қабул надошта зуҳури Имом Маҳдиро афсонаи беше намедонанд. Ва хусусан роҳбари шабакаи моҳворае ба номи “Висол” ё “Висоли ҳақ” , ки роҳбар ва барномабараш яке аз ваҳҳобиҳо бо номи Муллозода мебошад ва инҷунин шабакаи “Калима”, ки барномабарашон ваҳҳобиҳо мебошанд бо номи Ҳошими , Хидмати, Суҷуди, Абдуллои Ҳайдари аст. Ва дигар шабакае , ки мардуми мусалмонро ба хашм оварда ба гумроҳи, ширк, куфр мехонад ва се халифаи бузурги исломро ( Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р) ) ва ҳамсари паёмбар (алайҳиссалом) модари муминон Оишаи Сидиқа (р) кофиру хиёнаткор мешуморад наъузанбиллоҳ. Ин яке аз шабакаҳои шиъаён мебошад бо номи шабакаи “Аҳли байт”, ки роҳбару барномабараш яке аз охунди рофизии шиъайи ҷоҳил мебошад бо номи Ҳасани Аллоҳёрӣ дар шабакаи моҳвораии “Аҳли байт”, ки дар ин шабака шунаванда ба ҷуз туҳмату лаънату куфр бар ёрону хонадони паёмбар (алайҳиссалом) чизи дигаре намешунавад. Аз ин хотир шиъаён худашон аз ин шабакаи фитнагар безорӣ меҷӯянд. Уламои исломӣ хоҳ суннӣ ва хоҳ шиъа эътиқод ба Имом Маҳдӣ ва зуҳури ӯро аз зарурияти динӣ шумурдаанд. Ва аммо дар мавриди ин ки ҳазрати Имом Маҳдӣ оё таваллуд шудааст ё ин ки ҳанӯз мутаваллид нашуда, дар ин масъала мазоҳиби исломӣ бо ҳам ихтилофи назар доранд. Шиъаён мӯътақид ҳастанд, ки ҳазрати Имом Маҳдӣ писари Имом Ҳасани Аскарӣ мебошад ва ӯ таваллуд шудааст ва ӯро имоми 12-уми худ медонанд, ва аммо ҷумҳури аҳли суннат ва ҷамоат бар ин боваранд, ки Имом Маҳдӣ ҳанӯз зода нашудааст, ҳарчанд дар миёни уламои аҳли суннат теъдоде андак ҳам ҳастанд, ки мисли шиъаён мӯътақиданд, Имом Маҳдӣ ҳамон писари Имом Ҳасани Аскарӣ аст ва дар қайди ҳаёт мебошад (ки асомии онҳоро дар поёни ин навиштор ёдовар хоҳам шуд). 2. Инак, порае аз ривоятҳое, ки дар бораи Имом Маҳдӣ дар манобеъи мо аҳли суннат омадааст: а) Абӯдовуд дар Сунани хеш аз Имом Алӣ ривоят мекунад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд:

“Агар аз умри дунё ҷуз як рӯз боқӣ намонда бошад, Худованд марде аз Аҳли Байти маро барангезад, то заминро пур аз адлу дод кунад, баъд аз он ки пур аз зулм ва ситам шуда буд.” б) Имом Тирмизӣ дар китоби “Ҷомеъус-саҳеҳ”, ки маъруф ба “Сунани Тирмизӣ” аст, аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ривоят мекунад, ки фармуданд:

“Дунё ба охир намерасад, то ин ки марде аз Аҳли Байти ман бар араб раҳбарӣ кунад, ки ӯ ҳамноми ман хоҳад буд.” в) Имом Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад:

“Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: шумо дар чӣ ҳол хоҳед буд замоне ки бар шумо Исо ибни Марям фуруд ояд, дар ҳоле ки имоми шумо аз худатон ва дар байни худатон бошад?”. г) Муслим дар Саҳеҳаш аз Абусаиди Худрӣ ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ нақл мекунад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:

“Дар охири замон халифае меояд, ки молро баробар тақсим мекунад ва онро намешуморад.” д) Ибни Моҷа дар Сунани худ, аз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (р) нақл карда, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:

“Маҳдӣ аз мо - Аҳли Байт аст. Худованд ба василаи ӯ, дар як шаб дунёро ислоҳ мекунад”. 3. Ба ҳар сурат, ривоятҳо дар мавриди Имом Маҳдӣ ба ҳадди тавотур расидаанд; ба унвони намуна, гуфтори чанде аз донишмандонро ёдовар мешавам: а) Ҳофиз Абуабдуллоҳ Ганҷии Шофеӣ - нависандаи китоби “Кифоятут-толиб” мегӯяд: “Аҳодиси Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи Имом Маҳдӣ, ба далели ровиёни бисёре, ки дорад, ба ҳадди тавотур расидааст”. б) Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар “Фатҳул-борӣ”, ки дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ аст, дар мавриди мутавотир будани аҳодиси воридшуда дар бораи Имом Маҳдӣ мегӯяд: “Ахбори мутавотир расидааст, ки Имом Маҳдӣ аз ин уммат аст ва Исо (а) аз осмон фуруд хоҳад омад ва пушти сарӣ Имом Маҳдӣ намоз хоҳад хонд.” в) Мавлоно Алӣ Қорӣ, шореҳи “Фиқҳи Акбар”-и Имом Абӯҳанифа (р), дар ин шарҳ дар фасли “Алоим ва нишонаҳои растохез”, аз ҷумла гуфтааст: “Ва иттифоқоти мазбур (итттифоқоте, ки дар охируз замон рух медиҳанд) ба ин тартиб рух хоҳанд дод, ки аввал Имом Маҳдӣ - ки аз сулолаи Паёмбари Акрам (алайҳиссалом) аст - дар Ҳарамайн (Макка ва Мадина) зуҳур мекунад, сипас ба Байтулмуқаддас меояд, ҳамзамон Даҷҷол низ он ҷо сару каллааш пайдо мешавад. Пас аз он, Исо (а) дар манораи шарқии Димишқ нозил шуда ва ба пайкор ва ҷанг бо Даҷҷол мепардозад ва ӯро ба зарбае сангин ба қатл мерасонад. Даҷҷол, ҳангоми фуруд омадани Исо (а) аз осмон, мисли об шудани намак об мешавад...” Мавлоно Алӣ Қорӣ идома медиҳад: “(Пас аз пирӯзӣ бар Даҷҷол ва соири душманони башарият), ҳазрати Исо (а) бо Имом Маҳдии мавъуд дар Қудси Шариф як ҷо ҷамъ мешаванд. Замони иқомаи намоз, ки фаро мерасад, Имом Маҳдӣ ишора мекунад, ки Исо (а) барои имоматии намоз пеш дарояд, вале ҳазрати Исо (а) пеш аз даромадан худдорӣ мекунад ва иллати онро ин медонад, ки ин намоз барои туст ва ту авло ва сазовортарӣ ба ин ки имом ва пешво дар ин ҷойгоҳ бошӣ, ва он гоҳ ба ӯ дар намоз иқтидо менамояд...” г) Шайх Албонӣ, яке аз сардори гуруҳи салафиҳо буда ва дар байни бемазҳабон, ки ҳамчун сардори ин гуруҳи салафия дониста мешавад, дар китоби Силсилаи аҳодиси саҳеҳаи худ, дар бораи касоне ки хуруҷи Имом Маҳдиро инкор мекунанд, мегӯяд: “Касоне ки хуруҷи Маҳдиро инкор мекунанд, мисли касоне ҳастанд, ки эътиқод ба нузули Исо (а)-ро инкор мекунанд, дар ҳоле ки дар бораи ҳазрати Исо (а) аҳодиси фаровоне омадааст, ки он ҳазрат дар охируз замон фуруд хоҳанд омад... Касоне ки хуруҷи Имом Маҳдиро мункир шаванд, назди ман мисли касоне ҳастанд, ки мисли фиръавнҳо Худо будани Худоро инкор мекунанд...” 4. Ва аммо донишмандоне аз аҳли суннат ва ҷамоат, ки мӯътақид ҳастанд, Имом Маҳдӣ таваллуд шуда ва ӯ писари Имом Ҳасани Аскарӣ аст,

яке аз онҳо Қундузии Ҳанафии Нақшбандӣ аст, ки дар китоби “Янобеъул-мавадда”-и худ ба тафсил дар ин замина баҳс кардааст. Ва яке дигаре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст, ки эшон суннӣмазҳаби ҳанафӣ буда ва дар тариқаи нақшбандия мебошад ва ҳеҷ рабте ба шиъамазҳабон надорад ва соҳиби Маснавӣ аст. Ин орифи бузург дар яке аз сурудаҳои худ дар шаънӣ Имом Алӣ (р) ба ин нукта ишора карда: Эй сарвари мардон - Алӣ, мастон саломат мекунанд, Эй сафдари мардон - Алӣ мастон саломат мекунанд. Бо қотили куффор гӯ, бо дину диндор гӯ, Бо Ҳайдари каррор гӯ, мастон саломат мекунанд. Бо бурҷи ду гавҳар бигӯ, бо бурҷи ду ахтар бигӯ, Бо Шуббару Шуббайр бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо Зайнидин Обид бигӯ, бо нури дин Боқир бигӯ, Бо Ҷаъфари Содиқ бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо Мӯсии Козим бигӯ, бо Тӯсии олим бигӯ, Бо Тақии Қоим бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо мири дин - Ҳодӣ бигӯ, бо Аскарӣ маҳдӣ бигӯ, Бо он валӣ Маҳдӣ бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо боди наврӯзӣ бигӯ, бо бахти фирӯзӣ бигӯ, Бо Шамси Табрезӣ бигӯ, мастон саломат мекунанд. (Аз девони «Куллиёти Шамс»-и Мавлоно) Ва инҷунин Мавлоно Румӣ дар яке аз сурудаҳои дигари худ дар шаъни Имом Алӣ (р) ,ки гуфтааст : То сурати пайванди ҷаҳон буд, Алӣ буд, То нақши замин буду замон буд, Алӣ буд. Шоҳе, ки Валӣ буду Васӣ буд, Алӣ буд, Султони сахову карами Ҳуд, Алӣ буд. Ҳам Одаму ҳам Шиссу ҳам Аюбу ҳам Идрис, Ҳам Юсуфу ҳам Юнусу ҳам Ҳуд, Алӣ буд. Ҳам Мусиву ҳам Иссиву ҳам Хизру ҳам Илёс, Ҳам Солеҳу пайғамбари Довуд, Алӣ буд. Масчуди малоик чу шуд, Одам зи Алӣ шуд, Одам чу яке, қиблаву масчуд, Алӣ буд. Он кошифи Қуръон, ки Худо дар ҳама Қуръон, Кардаст сифати исмату бистуд, Алӣ буд. Он орифи саҷҷод, ки ҳоли дараш аз қадр, Аз кунгураи арш барафзуд, Алӣ буд. Ҳам аввалу ҳам охиру ҳам зоҳиру ботин, Ҳам Обиду ҳам маъбаду маъбуд, Алӣ буд. Он шери диловар, ки зи баҳри тамаъи нафс, Бар хони ҷаҳон панҷа наёлуд, Алӣ буд. Он Шоҳи сарафроз, к-андар раҳи Ислом, То кор, ки нашуд рост, наёсуд, Алӣ буд. Он қалъакушойе, ки дар аз қалъаи Хайбар, Барканд ба як ҳамлаву бикшуд, Алӣ буд. Чандон дар офоқ назар кардаму дидам,

Хайриддини Абдулло, роҳбари Кумитаи Дин дар назди Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар Федератсияи Россия

Аз роҳи яқин дар ҳама мавҷуд, Алӣ буд. Ин куфр набошад, сухани куфр на ин аст, То аст, Алӣ бошаду, то буд, Алӣ буд. Сирри ду ҷаҳон, ҷумла зи пайдовузи пинҳон, ШамсулҳақиТабрез, ки бинмуд, Алӣ буд. Ҳоруни вилоят зи паси Мусии Имрон, Биллоҳ, ки Алӣ буд, Алӣ буд, Алӣ буд. Ин як ду се байте, ки бигуфтам ба муҳаммо, Ҳаққо, ки муроди мани мақсуд, Алӣ буд. (Аз девони «Куллиёти Шамс»-и Мавлоно) Дар инҷо инро дар хидмататон мехоҳам арз кунам, ки ин шабу рӯз дар кишвари Тоҷикистон касе номи яке аз ин имомҳои номбаршударо гирад дар ҳол пайравони гурӯҳи тундрави ваҳҳобияву салафия он шахсро дарҳол шиъа дониста тӯҳмат ба шиъа будан мезананд. Ба мисоли хонадони Эшони Нуриддинҷон, ки ба хотири номи Имом Ҳусайн (р)-ро гирифтан ва аз ӯ ёд кардан, масҷиду мадрасаашро баста аз меҳроб монеаш карданд. Кошкӣ ин гурӯҳи тундрави ваҳҳобиҳои Язидпараст каме босавод мешуданду китоб варақ мезаданду медиданд, ки тамоми уламои мо сунниҳо дар васфи муҳаббати аҳли байти паёмбар (алайҳиссалом) ва имомони бузург китобу ашъор ва рисола навиштаанд аз ин ҷумла тамоми шоирони классики форсӣ тоҷикамон аз Фирдавсӣ сар карда то Мавлоно Ҷомиро. Оё магар ин уламову шоирони классики мо ҳама шиъа буданд? Не албатта. Ва яке дигар аз уламои аҳли суннат, ки мӯътақид аст, Имом Маҳдӣ ҳамон писари Имом Ҳасани Аскарӣ ва таваллуд шудааст, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аст. Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Муҳаммад маъруф ба Абдурраҳмони Ҷомӣ, ориф ва шоири барҷастаи тоҷик, шигифтангез аст. Ӯ, бо вуҷуди ин ки тасреҳ кардааст, дар тариқат нақшбандӣ ва дар фиқҳ пойбанд ба мазҳаби ҳанафист, вале ба далели алоқаи шадидаш ба хонадони Паёмбар (алайҳиссалом) ва порае аз ашъор дар мадҳи Амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб (р) ва имомони хонадони нубувват, мавриди маломат ва сарзаниши ноаҳлон ва мутаассибҳо қарор гирифта ва ӯро ба шиъа будан муттаҳам мекарданд. Ҳамин вижагии Ҷомӣ буд, ки ҳар ҷо пой мегузорд, аввал аз мазҳаби ӯ мепурсиданд, ки шиъа ҳастӣ ё суннӣ? Агар суннӣ ҳастӣ, ин ашъор чаро? Ва агар шиъа ҳастӣ, ку бароат аз аъдои хонадони Алӣ ва аз ӯ вало? Ва Мавлоно Ҷомӣ ба қадре аз ин пурсиданҳо ва бигӯмагӯҳо хаста шуда буд, ки гуфтааст: Э муғбаччаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, К-омад зи низоъи сунниву шиъа қаям. Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?! Сад шукр, ки сагсунниву харшиъа наям. Мавлоно Ҷомӣ дар шеъре, Имом Маҳдиро мавриди хитоби худ қарор дода, месарояд: Биё, эй имоми ҳидоятшиор, Ки бигзашт аз ҳад ғами интизор. Зи рӯи ҳумоюн барафкан ниқоб, Аён соз, рухсори чун офтоб. Бурун ой, аз манзили ихтифо, Намоён кун, асрори меҳру вафо. Барафроз, аркони Исломро, Бияндоз, бунёди асномро. Ҷаҳон пур шуд аз шеваи зулму ҷавр, Зи инсоф дур аст, атвори давр. Назар кун ба ҳоли мани мустаманд, Ки гардам зи алтофи ту сарбаланд. Бувад ин умедам, ки бошам мудом, Мубоҳӣ ба алтофи хосси Имом. Илоҳо, ба ҳаққи Имоми замон, Ба иззи муҳиббони ин хонадон. Ки тавфиқ гардон, рафиқи дилам, Бирӯён гули марҳамат аз гилам. Дар поёни ин навиштор, сазовор аст ба ин нукта ишора бикунам, ки он чӣ дар ин замина муҳим аст, асли ин эътиқод ба зуҳури имом ва пешвое дар охируз замон аст, ки аз насли Паёмбари Акрам (алайҳиссалом) мебошад, аммо ин ки оё мутаваллид шуда ва ё на, ҷанҷолу кашмакаш дар ин хусус, бефоида ва беҳуда ва фақат андармон кардани аст худ, бинобар барои ин як мусалмон ҳамин андоза кофист, ки ба асли ин моҷаро имон ва эътиқод дошта бошад; ҳол, агар мӯътақид бошад, ки Имом Маҳдӣ мутаваллид шуда ва фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ аст ва ё мӯътақид бошад, ки ҳанӯз эшон зода нашудааст, ин дигар хадшае дар имон ва исломи ӯ ворид намекунад. Бигузор ки касе эътиқод дорад, Имом таваллуд шудааст, дар эътиқодаш бимонад, ва ҳамчунин бигузор ки касе мӯътақид аст, эшон ҳанӯз мутаваллид нашудаанд, ӯ ҳам дар эътиқоди худ боқӣ бимонад, муҳим он аст, ки ҳар ду ба асли ин масъала имон дошта бошанд.


14

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07) Љамшед Зоњир

21 Аќрабаки соати долони беморхона ба сеи шаб дакка мехўрду, Вячеслав Павлович бошад, беист дуди сигорашро ба осмон њаво медоду ба худ љои нишаст намеёфт. Ва каси пешаш омадаро низ беовоз, танњо бо ишораи чашм аз пешаш дур мекарду табъи бо касе њамшуданро намекард. Фавти Шоњин ўро ба њолате гирифтор карда буд ва намедонист пас аз ин Иринаи ягонаашро, ки бо тамоми њастияш шавњарашро дўст медошт, чї гуна ором мекунад. Гаштаву баргашта суханони Ирина: «Агар бо Шоњин њодисае рўй дињад, ба ман аз ин зиндагї дигар чизе лозим нест ва њама умеду ормони ман Шоњин аст, ту маро бубахш падарљон» зери гўшаш садо медоданду, чењраи ѓамборони духтараш чун лентаи кино пеши назараш њувайдо мешуданд. - Вячеслав Павлович, овози ногањонии ронандааш Андрей ўро ба худ овард. - Чї мегўї? Бо овози пасту ѓазаболуд ба Андрей иљозати сухан кардан дод. Љисми Шоњинро каме пас ба мурдахона интиќол медињанд ва духтури навбатдор маро хоњиш кард, то инро ба шумо расонам. Аз ин суханони Андрей Вячеслав Павлович лањзае хомўш монду, оромона аз киса сигор берун карда, бо овози паст; - Андрей, ба духтури навбатдор расон, ки то субњгоњон љисми Шоњинро дар њуљра нигоњ доранд. Бо шуниданаи суханони Вячеслав Павлович, Андрей хуб шудааст, гўён даруни беморхона даромад. Ўро танњо фикри духтараш азият медод ва даруни синааш эњсоси тарсро њис мекарду, роњи халосї аз ин њолат мељуст ва пайваста дар сараш ба хулосањои гуногун меомаду боз аз раъяш бармегашт ва наметавонист, фикрашро љамъ кунад то суханони ў ба Ирина зарбае нарасонад. Вячеслав Павлович, боз овози Андрей ўро аз ин фикрњо берун овард. - Гўш мекунам, Андрей. -Табибон мегўянд, ки дигар имкони нигоњдоштани љисми Шоњинро дар њуљра надоранд, аллакай ўро омода кардаанду лањзае пас бояд интиќолаш

дињанд, гуфту хомўш шуд, Андрей. Вячеслав Павлович чизе нагуфта оњиста-оњиста ќадамзанон вориди беморхона шуд, то бо сардухтур дар ин бора гап занад ва интиќоли љисми Шоњинро ба мурдахона ба таъхир андозад. Зеро, ў аввал мехост аќаллан бо Иринааш дар ин бора гап занаду ўро ором кунад ва бори охирин рўи шавњарашро бубинад. Пас аз сўњбати тўлонии падари Ирина ва сардухтур ба хулосае омаданд, то ба он њуљрае, ки љисми бељони Шоњин рўи кат хуфтааст шамолдињак гузоранду пасон Иринаро ба ин омода кунанд, то ба марги Шоњин бовар кунаду бо азизаш дар беморхона хайру манзур кунад. Ирина бошад, то ба њол вазъи нохуб доштаву табибон ба Вячеслав Павлович иљозат намедоданд, то пеши духтараш дарояд ва њатто манъ карданд, ки ў набояд дар ин њолат аз марги шавњараш хабардор шавад, в-агарна ин хабар метавонад ўро ба њолати боз вазнинтару сангинтар оварда расонад. Субњ расидаву рафту ои мардум дар беморхона хурўљ гирифтанд. Чанде шиносону наздикони Вячеслав Павлович баробари шунидани хабари марги домоди ў аллакай дар беморхона гирди ў љамъ шудаву онњое, ки таърихи ин марди ќавииродаро хуб медонистанд, ашкро дар чашмони ўро дида гиребони њайрат мегазиданд. Гўё ў писари худашро аз даст дода бошад, ки дар фавти домод ба ин њол рў ба рў шудааст. Њама ўро ором мекарданду, тасаллї медоданд, то худро ба даст гирад. Вале Вячеслав Павлович бошад дарди љонсўзи даруни синаашро ба касе гуфта наметавонист ва худ ба худ даруни дил ѓусса мехурду худро нотавон ва айбдор пеши Иринааш эњсос мекард, зеро ў ба духтараш ваъда дода буд, ки њама кўшишашро ба харљ медињаду Шоњинро солиму бардам ба зиндагї бармегардонад, лек афсўс… Бо дўсташ, љарроњ – равоншиноси машњур дар кишвар, муовини вазири тандурустї Вланетина Князева њарду рўи њавлии беморхона гаштугузор мекарданд. - Славик, ба Вячеслав Павлович рўй

овард Валентина Князева. Имрўз то ваќти хўроки нисфирўзи интизор мешавем, агар њолати Ирина каме ба бењбудї ояд, хуб аст, агар не, ту дигар зиддият нишон намедињї барои интиќоли љисми домодат, фањмо бо оњанги суол пурсид муовини вазири тандурустї. Вячеслав Павлович, ки бо ин зан аз даврони кўдакияш ошно мебошад ва ба њамин хотир ба ў эътиќоди калоне дошту ягон сухани ўро бе иљро намемонд. - Хуб шудааст, Валя. Чизе, ки ту мегўи бигузор њамон шавад, кўтоњакак љавоб дод Вячеслав Павлович. Ва ин асно Андрей саросемавор пеши онњо омада, њатто бе иљозати сухангирї; Вячеслав Павлович, дар љои коргоњи Шоњин, ронандааш Мурод даруни њаммомхона худро ба дор кашидааст, ва инљо сухани Андрейро бурида, Вячеслав Павлович; - Ту чї сафсата гуфта истодаи, ў рўзи гузашта тамоми рўз дар беморхона њамроњи ман буд, гуфту фикре ба сараш зада бошад, каме хомўш шуд. Худ ба худ фикр мекард, ки чаро ў ба ин кор даст задааст? Магар инљо сире нињон аст? - Андрей муфассалтар наќл кун, кай ин воќеъ рўй додааст? - Асли воќеъиятро намедонам, ба ман танњо њозир Шўњрат як коргараш занг зада њодисаро наќл кард. Аллакай кормандони полис дар љои њодиса корњои оперативї гузаронда истодаанд. Дари коргоњро мўњр задаанду, тамоми коргаронро ба шўъба интиќол додаанд барои саволу љавоб. - Рав, нишона ва раќами шўъбаро даќиќ куну аз паи онњо шав, Андрей. Кўтоњакак љавоб дод Вячеслав Павлович. Сўњбати ин дуро Валентина Князева сар то ба охир шунавиду пас аз рафтани Андрей дар бораи Мурод аз Вячеслав Павлович пурсон шуд. Аз ростї дар бораи ин љавон ман ягон чиз намедонам, ўро њамагї рўзи гузашта бори аввал дидаму халос. Ва њамин тавр кўтоњакак мавзўъро хотима доданду Валентина Князева Вячеслав Павловичро хотиррасон кард, ки бегоњтар њатман бо Ирина дар ин бора сўњбат кун ва ин коре нест, ки аз ў паноњ кунї, гўён бо дўсташ хайру манзур карда ба мошини

хизматияш, ки ўро дар сањни њавлии беморхона интизор буд, савор шуда рафт. Рўз ба бегоњ мерасид. Вячеслав Павлович чун шахси нотавону бечора бо чашми чор дањони сардухтурро мепоид, ки кай ў иљозати бо Ирина сўњбат карданро медињад, лек ѓайричашмдошт имрўз њам ин кор ба ў муяссар нашуд… Муфаттиш, њамагонро як ба як суолу љавоб мекард ва дар бораи Мурод маълумот љамъ мекард. Пайдо шудани Андрей дар Шўъба муфаттишону масъулини амалиётро дар њайрат гузошта буду онњо бо њар яки ин муњољирон мулоим сўњбат мекарданд. Зеро, њамагон медонистанд, ки ин љавонон њама коргарони домоди Вячеслав Павлович мебошад. Чун навбати суолу љавоб бо Шўњрат расид, фамилия ва номи падарии ўро дида, муфаттиш аз ў суол кард; Шарипов Шоњин Мањмудович ба ту ки мешавад? Пурсид аз ў. Аз ин суоли муфаттиш Шўњрат њайрон шуда, саросемавор ин бародари ман аст, лек зиёда яз як сол мешавад, ки ў тамоман беному нишон аст, љавоб дод Шўњрат ба муфаттиш. Ин љавоби Шўњрат муфаттишро њайрон карду, барои халалдор накардани кори тафтишоташ чї фикре ба сараш омад, ки ба Шўњрат рўй оварда; Ба ту љавоб, рав баргард ба камера, баъдтар боз даъват мекунам, гуфту, худи муфаттиш низ аз њуљраи кориаш беруни шўъба баромад. Ва бо Андрей рў ба рўй шуда, дар бораи Шўњрат пурсид. Андрей бошад, бо як оњанги кўтоњ, намедонам гуфту халос. Ин љавоби Андрей муфаттишро ќонеъ накарда бошад магар, ки; - Хайр майлаш, ман аз паи кор мешавам гуфту муфаттиш ба шуба баргашт. Ў чизеро эњсос мекард магар, ки фавран ба вазорати корњои дохилии Тољикистон, барои гирифтани маълумоти пурра дар бораи Шўњрат мактуби фаврї роњи карду аз кор мрўзааш ба назди сардори шўъба даромада, ахборот дод ва аз сардор иљозат гирифт, то рўзи фардо кори тафтишотро ба таъхир андозад ва бовар кунонд, ки дар сурати омадани љавоб аз Тољикистон дар кушодани риштаи њодисаи худкушии шањрванди Тољикистон Мирзоев Мурод Ахмедовичро дар назар аст сабукї

орад, ва њамин тавр муфаттиш суолу љавбро бо љавонони боќимонда ба пагоњ гузошт. Субњи барваќт, дар рўи мизи кориаш мактуберо, ки бо мўњри вазорати корњои дохилии Тољикистон меистод, ошно шуда ба худ бовар намуд, ки Шарипов Шўњрат Мањмудович бо Шарипов Шоњин Мањмудович, домоди Вячеслав Павлович акаву додаранд. Ва дарњол ба назди сардори шўъба даромада аз ин маълумот ахборот дод. Баробари шунидани ин маълумот, сардори шуъба дарњол гўшаки телефонро ба даст гирифта раќамњои муовини Сардори Сарраёсати корњои дохилии шањри Маскав Вячеслав Павловичро раќамгузорї кард. Пас аз салому алейк, сардори шўъба гўё дар љое худро гунањкор њис карда бошад, бе сухани муќаддимавї; - Бахшиш Вячеслав Павлович, мо худи њозир фањмидем, ки додари домоди шумо аллакай рўзи дуввум аст, ки дар камераи шўъбаи корњои дохилии мо ќарор дорад ва худи њозир љавоб медињем, гуфта буд, ки аз он тарафи гўшак; - Ту дар бораи кї гуфта истодаи, кадом додари домоди ман аст? Ман њељ касеро намешиносам ва ў додар надорад, овози ѓазаболуди Вячеслав Павлович сардори шўъбаро сусту бемадор кард ва чї гуфтанашро надониста хомўш гўшаки телефон дар даст буд. ва ин асно бо ќањру ѓазаб муфатттишро ба наздаш даъват намуда; - Ту бе масъулият дар кадом асос ба ман ахбоорот додї, ки додари домоди Вячеслав Павлович дар шўъбаи мост? Ў додар надорад, мефањмї? Бо ќањру ѓазаб ва овози баланд ба муфаттиш рўй овард, сардори шўъба. Муфаттиш чї гуфтанашро надониста, хомўш пеши сардор буд ва чун ўро барои рафтан иљозат дод, саросемавор барои аниќ кардани маълумоти аз вазорати корњои дохилии Тољикистон омада, дубора мактуб ирсол намуд, то маълумотро аниќ кунад. Ѓайричашмдошт ним соат нагузашта аз Тољикистон ба мактубаш љавоб доданд, ки дар ирсоли додани маълумот дар бораи Шарипов Шўњрат Мањмудович бо Шарипов Шоњин Мањмудович, ягон иштибоње нашудааст ва њатто дар мактуб замима кардаанд, ки Шарипов Шоњин Мањмудович чордањ моњ мешавад, ки беному нишон шудааст ва бино ба маълумотњои бисёр шоњидон њамагон ўро дар шањри Маскави Русия дидаанд. Ин мактубро гаштаву баргашта мехонду дар фикри он буд, ки чї гуна ба сардор расонад, ки ин маълумот дуруст аст ва баёноти Шўњрат низ ин фикри ўро асоснок мекард. Ба мактуби аз Тољикистон омада баёноти Шўњратро замима карду ба воситаи котиба ба сардор расонид, то ў низ бовар кунад, ки дар тафтишот аз тарафи ў ба ягон саросемагї ва ё бемасъулиятї роњ дода нашудааст. Лањзае нагузашта сардор ўро пешаш даъват намуд, ва ў низ ки аллакай ба кори зердасташ бовр карда буд, бо ў маслињат кард, то ин амалиётро моњирона ба пеш бара два Вячеслав Павловичро бовар кунонад, ки дар њаќиќат Шарипов Шўњрат Мањмудович додари домоди ўст… Шўњратро ба пеши тани бељони акааш оварданд. Њунгосзанон гиря мекарду халос. Нола мекашиду ба Худо мунољот мекард, ки ин љо чї сирест, ки ў давоми се моњ дар коргоњи акааш зањмат кашидаву чаро акааш бо ў боре њам рў ба рў нашуд. Чаро Шоњин ин њамаро пинњон дошту бо кадом маќсад танњо ба воситаи Ирина ба модараш пул роњї мекард... Дар толори калону хунуки мурдахона миёни катњои пуродам, ки њамагон бо тани бељон дар хоби абади берун аз хок буданд, ба занги телефони дастияш, ки модар занг мезад, љавоб намедоду бо ду дастонаш акаашро ба оѓўши худ мегирифту нолакунон тани бељони Шоњинро хоњиш мекард, то лањзаяке ба занги модар љавоб дињад.

(Давом дорад)


15 Панчшàíáå, 19 июнè ñîëè 2014 (07) ,


16

Разместим Вашу РЕКЛАМУ на выгодных условиях! Кабули ЭЪЛОНУ РЕКЛАМАИ Шумо! Отдел маркетинга и рекламы: +7 (926)-066-13-55, Е-mail: reklama.reklama-tr@yandex.ru

Хандабозор

Панчшàíáå, , 19 июнè ñîëè 2014 (07) «Таджики России» - независимая газета на таджикском и русском языках Издание Таджикского Медиа Холдинга TAJINFO Генеральный директор Гуфрон Вахобов,, e-mail: gambo13@mail.ru тел: +79263441615

Чанд нафар дуздон ба хонае медароянд. Сардорашон пешниҳод мекунад: - Бародарҳо, биёед минбаъд боинсофонаву ҳалол дуздӣ кунем. Ҳаммаслаконаш дар ҳайрат мемонанду роҳи ингуна дуздиро мепурсанд. - Бисёр осон,- мегӯяд сардору ба соҳиби хона занг мезанад. - Ака ба шумо телевизори «плоский экран»-и 5 ҳазор доллара, яхдони 2 ҳазор доллара, компьютери пентум 5, даркор нест? Соҳиби хона мегӯяд, лозим нест. - Ака ба шумо сейфи оҳанин, 2 қолини эронӣ, 3 қолини туркӣ, як кондиционери ҳазор доллара, даркор нест? Соҳиби хона боз мегӯяд, лозим нест. - Ака, 3 ангуштарин, як занҷираи тилло, як чангкашаки сесад доллара, як қаҳваҷӯшонак даркоратон нест? Соҳиби хона бо хашм мегӯяд: - Бар падари ту барин беақл лаънат, чанд бор гуфтамку, ба ман ҳеҷ чиз лозим нест! Чанд вақт пас соҳибхона ба хонааш меояд, ки дар хона ягон чиз несту танҳо номае дар болои фарш хоб аст: «Ака, мо танҳо чизҳои ба Шумо нолозимро гирифтем». Мардеро мегӯянд занат таваллуд кардааст. Ӯ чунон хурсанд мешавад, ки кору борашро партофта, рост ба таваллудхона меояд ва кӯдакро дар дасти ҳамшираи шафқат мебинад. Наздик шуда кӯдакро меқапад ва мегӯяд: - Шукри Худо, ки писар будааст. Ҳамшираи шафқат мегӯяд: - Не ака, писар не, духтар аст. Шумо ангушти маро қапидаед!

Муаллими таърих донишчуеро чап гирифта, мехоҳад ӯро аз имтиҳон афтонад. Донишҷӯ ба саволҳои билет ҷавоб дод. Муаллим боз саволи иловагӣ медиҳад: -Ҷанги дуюми ҷаҳон кай тамом шуд? -Соли 1945. -Кӣ ғалаба кард? -СССР -Дар ин ҷанг чанд нафар ҳалок шуд? -20 миллион нафар. -Канӣ номбар кун

Верстка и дизайн: љамолиддини Холбек, e-mail: j.kholbekov@inbox.ru, samak.aierov@inbox.ru, тел: +79268628867 Корреспонденты в России: Абубакри Файзали, Мехродж Эгамзод, Файзиддин Асоев (Москва, тел. +79263304243), Зайнуддин Орифи (Санкт-Петербург, e-mail: zaynoro@mail.ru тел: +79533512472), Алексей Афганов (Рязань, e-mail: aleksejavganov@mail.ru, тел: +79038345339, Дилмурод Юнусиён (Волгоград, e-mail: dilmurod-25-81@mail.ru тел: +79272515255), Олимджон Тошматов (Татарстан, e-mail: olimjon80@mail.ru тел: +79377719608) Корреспонденты в Таджикистане: Насрулло Туйчизода (Душанбе, e-mail: nasrullotj@ mail.ru, тел: +992918147207), Камар Ахрор (Согдийский обл., e-mail: qahrorzod@ mail. ru, +992927210164), Хангомаи Исмат (Хатлонская обл., e-mail: hangoma_ ismatova@gmail.com, +992918696466), Мирзои Саид (ГБАО, e-mail: shjalol@ mail.ru, тел: +992934773214) Коммерческий директор: Мухаммад Зоиров +7 (985)-306-00-56, Е.mail: 01_negmatov@mail.ru Газета зарегистрирована в Федеральной Службе по надзору за соблюдением законодательства в сфере массовых коммуникаций и охране культурного наследия Российской Федерации. Регистрационный номер ПИ № ФС77-323776 Газета распространяется в Российской Федерации, странах СНГ и зарубежья. Адрес редакции: Москва, 2-я Тверская-Ямская, д. 40/3, стр. 1, Тел/факс: +7(499) 251-6162, сайт: www.tajikistan.ru, е-mail: tajinfo@mail.ru Мнение редакции не всегда может совпадать с мнением автора статьи. За содержание текста в рекламе редакция ответственности не несет. Отпечатано в России: ОАО «Московская газетная типография», 123995, г. Москва, ул. 1905 года, дом. 7, стр. 1, Заказ № ______ В Таджикистане: в типографии «Интишор», г. Душанбе. Общий тираж: 23.500 экз.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.