Маорифи точикистон

Page 1

Маорифи

Т о љ и кис тон Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

№1 ЯНВАР – ФЕВРАЛ 2013


Муассисаи давлатии маљаллаи «Маорифи Тољикистон»

Сардабир Шодї ШОКИРЗОДА ЊАЙАТИ ТАЊРИР: Фарњод Рањимов, муовини аввали вазири маорифи Љум­ њурии Тољикистон, доктори илмњои физика ва математика. Ирина каримова, президенти Академияи тањ­­силоти Тољикистон, доктори илмњои пе­да­гогї, про­фес­сор, узви пайва­ стаи Академияи тањ­силоти То­љи­кис­тон. Мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, узви пайвастаи Ака­демияи тањсилоти Тољикистон, доктори илм­њои пе­дагогї, профессор. Шамсуллоњ ИСЛОМОВ, номзади илмњои пе­да­гогї. ШЎРОИ МАШВАРАТЇ: Нуриддин САИДОВ, вазири маорифи Љум­њурии То­љи­кис­тон, доктори илмњои фалсафа, профессор. Рањимљон САИДОВ, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф, номзади илмњои техникї. Абдурозиќ РИЗОЕВ, раиси Кумитаи љумњу­рия­вии ит­тифоќи касабаи кормандони маориф ва илм. Шарифмуроди Исрофилниё, директори Па­жў­њиш­гоњи рушди маорифи Академияи тањ­си­лоти То­љикистон, доктори илмњои фи­лологї. латофат Назирова, директори Донишкадаи љум­њуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кор­мандони маорифи Акаде­ мияи тањсилоти Тољи­кистон, номзади илмњои педагогї. Шермуњаммад Ёрмуњаммадов, директори Маркази таъ­лимию методии назди Вазорати маориф, номзади илм­њои филологї. Мањмудхон ШОЕВ, котиби матбуотии Вазорати маориф, номзади илмњои филологї

МУАССИС: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Маљалла аз моњи июли соли 1991 то моњи феврали соли 2006 бо номи «Адаб» 73 шу­мора чоп шуд. Дар таърихи 28-уми июли соли 2006 тањти ра­ќами 001-3110 дар Вазо­рати адлияи Љум­њурии То­љи­ кистон аз нав њамчун «Муассисаи дав­л атии ма­љ аллаи «Маорифи То­љ и­к ис­т он» ба ќайд ги­р ифта шуда­аст. Шумораи №1 (115), 2013 Дар маљалла ба хотири гуно­ гун­а ндешї маќолањое низ чоп ме­ш аванд, ки идо­р аи нашрия метавонад бо муаллифон њамаќида на­бо­шад ва масъулиятро ба дўш нагирад. Идора маводро дар њаљ­ми то 8 сањифаи компю­терии њарфи ан­ дозаи 14-и Times New Roman Tj ќа­бул менамояд. Чопи матолиби нашрия бо ни­ шон додани манбаъ ва ирсоли њат­ мии нусхаи он ба идораи маљалла мумкин аст.

Дастхат ва суратњо ба муал­ли­ фон баргардонида на­мешаванд.

Мусањњењ Муллошукури Љаббор. Тарроњ Фарњод РАЊИМОВ. Њуруфчин Назира Бобоева

«МАОРИФИ ТОЉИКИСТОН» Нишонаи идора: ш. Душанбе, кўчаи ак. А.Адњамов, 13. Тел: +(992) 93-404-52-40. E-mail: shodi.shokirzoda@mail.ru Индексњои обуна: 77500. Ба матбаа 20.02.2013 супорида шуд. Ба чопаш 27.02.2013 имзо шуд. Андозаи 60х841/8. Адади нашр 4150 нусха. Супориши №41. Нархаш шартномавї. Дар матбааи ЉДММ «ЭР-граф» чоп шудааст. 734036, Душанбе, кўчаи Р. Набиев, 218. Тел: +992 (37) 881-15-16. E-mail: r-graph@mail.ru


ФЕЊРИСТИ МАТОЛИБ ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ Эмомалї Рањмон. Наврўз пайвандгари дилњост...................................4 Нахустин рўзи Фарвардин.......................................................................7 ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ Таърихи пайдоиши иди Наврўз..............................................................9 Наврўз ва расму ойинњои таркиби он.................................................. 14 Дилшод Рањимов. Љойгоњи рамзњо дар Наврўзи тољикон.................. 20 «Њафт син» дуруст acт ё «Њафт шин»?................................................. 23 Наврўз дар фарњанги умумии минтаќаи Осиёи Марказї.................. 26 пайки НАВРЎЗИ АЉАМ Фотењи Абдуллоњ. Рўзе, ки љањон офариниш ёфт............................... 30 Мањмадулло Лутфуллоев. Ањамияти маърифатию тарбиявии љашни Наврўз............................................................................ 33 ПАЖЎЊИШ М. Ошимова. Наќши мактаб, волидайн ва љомеа дар таълиму тарбияи насли наврас................................................ 36 Иззатулло Давлатшоев, Баргигули Шоњонбек. Макони таълиму тарбия ва ташаккули шахсият.................................. 40 Ањмад Сангинов. Моњият ва ќонунияти раванди тарбия.................... 42 БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ Мирзоалї Алиев. Методњои психологии инкишофи тафаккури физикии донишљўён.................................................................. 45 Рањматшо Рањматов. Тарбия - роњи бузурги камолот...................... 47 МИНБАРИ ТАЉРИБА Ноз Одинаева. Сенарияи соати тарбиявї дар мавзўи «Ќадри нон».............................................................................. 52 Мањмадюсуф Исломов. Касрњои дањии даврї ва амалњо бо онњо..... 55 Гулмурод Неъматов. Бозињои таълимї ва усули гузаронидани онњо.................................................................... 57 АРЗИШДОВАРЇ Абдушукур Ѓаффоров, Мањмадулло Раљабов, Гулљањон Хољаева. Дастури арзишманди таълимї................................................. 59 Нурбахши Љањонгир. Бењин роњнамо бањри донишпажўњ.................. 61 ДОНИСТАН ХУБ АСТ Њ. Фаттоев, Илњом Ниёзов. Аз таърихи пайдоиши тарозу............... 63


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

НАВРЎЗ ПАЙВАНДГАРИ ДИЛЊОСТ Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН андар ситоиши Наврўзи оламафрўз * * *

Наврўз дар тасаввур ва ойини миллати ќади­ маи мо ва умуман, нажоди ориёї иди пирў­зии нур бар зулмот ва тантанаи некї бар бадї аст. Наврўз, ки як иди хеле табиист, натанњо ба дили мардуми ориёї, балки дар ќалби халќу миллатњои дигар њам ба таври љовидонї маскан гирифтааст. Ин яке аз далелњои равшани наќши тамаддунсози миллати куњанбунёд ва фарњангии мост. * * *

Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии љонбахши бањорї оѓоз меёбад, љашни шукўњи табиат ва овони эњёи он гуфтаанд. Воќеан, Наврўз давраест, ки Замин ба мењвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мављудотро рўњу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагї њидоят мекунад. * * *

Иди Наврўз, ки дар њамаи давру замонњо аз љумлаи бузургтарин љашнњои муќаддаси миллї ва ойини зиндагисози мардум ба њисоб меравад, њамчун рамзи корњои бањорї ва файзу баракати сол, пеш аз њама, ба кишоварзон нерўву илњоми тоза ато мекунад. Наврўз бо наќши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинондани нињол ва гулу гулбуттањо, хуллас оѓози њамаи корњои мавсими бањор њидоят менамояд. * * *

Халќи тољик Наврўзро бо хурсандиву арљ­ гузории беандоза таљлил карда, бењтарин орзуву ормонњои худро бо Наврўзи хуљастапай пайванд медонад. Тамоми ойинњои ибратомўзи наврўзї, ки моњиятан сарчашмаи бузурги ахлоќиву тар­ биявї ва бунёдкориву созандагї мебошанд, имрўз низ барои њар фарди огоњу солимфикр чун манбаи умеду ормонњои наљибу созанда ва василаи худшиносиву љањоншиносї хизмат мекунанд. 4

Наврўзи аљдодии мо дар роњи ташаккули таърихии худ мушкилию монеањои зиёдеро паси сар намуда, чун суннати воло ва расми деринаи миллии тољикон ба бисёр мамлакатњои Машриќзамин роњ ёфт ва тадриљан арзиши умумибашарї пайдо кард. * * *

Кишвари мо - Тољикистон сарзамини хуршедї ва як гўшаи бињишти рўи замин аст, ки бо ќа­ дами мубораки Наврўз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо љомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро њадя меорад. * * *

Наврўз баёнгари тафаккури таърихї, симои маънавї, орзую ормон, расму ойин, љањонбинию љањоншиносии миллатамон буда, дар тўли мав­ људияташ арзишњои фарњангию миллии моро дар таркиби худ њифз кардааст. Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврўз њамчун иди бањор, эњёи табиат ва фа­ ро­расии Соли нав ба таърихи бисёр халќу мил­ латњои љањон ворид гашта, њаёти онњоро рангу таровати тоза бахшидааст. * * *

Наврўзи дилафрўз идест, ки дар фасли гулшукуфи зиндагї омада, одаму оламро љавон месозад, пироњани куњанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонњоро ба њам дўсту дилњоро ба дилњо пайванд месозад. * * *

Љашни Наврўз, ки зодаи хирад, андеша, ља­ њон­бинї ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ љавњари некї, накўкорї, «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ бахшишу мењрубонї, покизагии рўњонї ва љисмонї, созандагию бунёдкорї дорад. * * *

Наврўз яке аз ќадимтарин ва азизтарин љашн­ њои миллии мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар њаќиќат халќї мубаддал шудааст. Халќи мо бењтарин орзуву умеди худро ќабл аз њама бо Наврўз, яъне Соли нави анъанавии аљдодии хеш пайванд медињад. Наврўз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебої, оѓози кишту кори бањорї, паёми эњёи табиат мебошад ва гардише дар рўњу љони одамон падид меорад. * * *

Наврўзи куњан имрўз аз баракати айёми истиќлолият, раванди демократиконї, афзудани худшиносии миллї умри тоза ёфтааст ва бо навою таронаи дилпазир, њампои рўзгори нав дар Тољикистони зебоманзари мо сайр дорад. * * *

Наврўз нахустин рў­ зи Фарвардин - моњи аввалини солшумории шамсї ва аз ин сабаб сари сол ва пешонии сол буда, аз ќаъри ња­ зорсолањо бо ойину суннатњои неку писандида њамчун ёдгори љовидонаи ниёгони ориёиамон то рўзгори мо расидааст. Зеро он дар баробари ин ки оѓози эњёи табиат, айёми эътидоли бањорї, рўзи фарорасии Соли нав ва оѓози корњои кишоварзї мебошад, инчунин масъалањои маърифатию фалсафї, љањоншиносї, арзишњои волои ахлоќї, покиву порсої, некиву накўкорї ва адлу ростиро низ дар бар мегирад. * * *

Наврўзи бостонї сароѓози таърихи пурѓа­ новати мо буда, њамчун суннати пурарзиш ба фарњангу тамаддуни миллї ва тору пуди зиндагии на танњо мардуми тољику форс, балки кулли халќњои минтаќаи Осиёи Марказї ва берун аз он омезиш ёфтааст. * * *

Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзњои эътидоли бањориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори куњан зиндагиро аз сар мегирад, табиату њастї рахти нав ба тан мекунанд ва дар рўњу љони одамон гардише падид меояд. * * *

Аз љониби Маљмааи Умумии Созмони Милали Муттањид ба њай­ си љашни љањонї пазируфта шудани Наврўз гувоњи он аст, ки њанўз дар замони ќадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олї љашнеро падид оварда буданд, ки паёми вањдату муњаббат, покию садоќат, зебоию нафосат ва бедорию зањмат будааст. * * *

Наврўз, ба љуз ин ки баёнгари рўзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рўњи тоза, нафаси гарми табиат, эњёи эњсоси ишќу муњаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди бањорї, насими форам ва фарањбахши навозишгар, садои найи чўпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозињои дилангези кўдакони маъсум ба њар хона, ба њар кўю дењ ва ќасабаву шањр мављ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад. * * *

Наврўз барои миллати тољик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо њатто дар даврањои мушкилтарини таърихї ин љашни муќаддас ва хуљастаи худро њимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз њамчун љавњари тобнок ва нишонаи љовидонаи тамаддуни халќи тољик њамеша нигоњдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарњангу таърих ва нињоят, Ватан будааст.

Љашни Наврўз барои миллати фарњангдўсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар њамаи давру замон муќаддас буд. Аљдоди мо, њатто, дар даврањои мушкилтарини таърихї, ки аљнабиён Наврўзи Аљамро мамнўъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва љавобгўи орзуву ормонњои деринаашон бо њар роњу восита њифз менамуданд ва гиромї медоштанд.

* * *

* * *

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

5


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

Маъхазњои бостонї Наврўзро падидаи ќудсї дониста, ин љашнро ба Фарањаври пок мансуб медонанд. Маънии фарањавр рўњи пок ва муќаддас буда, тибќи ривоятњои ќадима дар сари сол ба замин фуруд меояд. Дар робита ба ин, бархе аз суннатњои аљдодии мо дар оѓози таљлили Наврўз ба зуњур мерасанд, ки њамагї ба тарбияи маънавии љомеа равона шуда, имрўз њам ањамияти худро гум накардаанд. * * *

Истиќлолияти давлатї, ин саодати љовидона, ки дар масири њазорсолаи таърих ба насли имрўзаи тољикон насиб гардид, ба таљлили бошукўњу шањомати хоси иди муќаддаси ниёгонамон - Наврўзи оламафрўз, Наврўзи ормонњои навин шароити мусоид фароњам овард. Мо бояд ба ќадри ин неъмати бебањо расем, шукрона кунем ва аз истиќлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем. * * *

Дар айёми гулшукуфти наврўзї орзу кардан, ба аъмоли шоиста гаравидан нишони нек аст, муждаи бахт ва пайки пирўзињост. * * *

Наврўз рамзи њувийяти миллї ва истиќ­ лолияти давлатии мост. * * *

Наврўз яке аз љашнњо ва суннатњои ќадим­ тарини мардуми тољик мебошад, ки решааш аз фарњанги пурбори ориёї об мехўрад ва мењри он дар ќалби мардум маъво дорад. * * *

Чандин њазор сол ќабл ниёгони фарзонаи мо ба суннати фарњангие асос гузоштанд, ки баёнгари пирўзии нур бар зулмот, некї бар бадї ва тантанаи покиву садоќат ва тозагиву озодагии инсонї мебошад.Дар байни ниёгонамон расми хубе роиљ буд, ки айёми наврўзї хусумату кинаро аз ќалбњо берун меандохтанд ва дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд. Мардум ба истиќболи Наврўз, ки башорати рўзи нав ва эњёи табиату замин аст, манзилу кошонаи худро тозаву озода ва кўчаву хиёбонњоро бо нињолу гулбунњо обод мекарданд. Дењќони ризќофарин дар айёми Наврўз ба сари замини саховатбахш омада, онро љуфт мекард ва ба он тухми умед мепошид. * * *

6

Наврўз зиндатарин љашне дар рўи Замин буда, воќеан њам омадани Соли навро ба кураи он ва сабзиши љадиди љањонро башоратгар аст. Ин љашн њар сол як маротиба чун бедориву эњёи табиат фаро расида, бо њар равияи ѓоявию фарњангие, ки дар тўли таърих рў ба рў шудааст, созгор омадааст ва боз њам зеботару ѓанитар гаштааст. Масалан, яке аз русуми Наврўзи ањди Сосониён ба якдигар дар субњи идона рехтани об будааст ва ин расм низ дар ќуруни исломї ба сурати гулоб пошидан боќї мондааст. Дар боби пайдоиши ин расм ривояти аљибе њаст, ки аслан аз «Авасто» сарчашма мегирад. Ривоят чунин аст, ки дар замони шоњ Љамшед адади љонварон чандон зиёд шуд, ки пањнои замин ба онњо танг гардид. Худованд заминро се баробари он чї буд, фарохтар карда, мардумро амр намуд, ки ба об шустушўй кунанд, то аз гуноњњояшон пок шаванд. Пас њама сол дар айёми Наврўз ин корро мекарданд, то ин, ки Худованд офатњои он солро аз одамон рафъ гардонад. * * *

Дар Тољикистони соњибистиќлол Наврўз ба љашну сурури умумимиллї табдил ёфта, сол аз сол шукўњу љалоли бештар мегирад. Бо фаро расидани ин љашни зебои табиат њар хонадони кишвар пур аз шодиву фарањ мегардад ва марди дењќон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад. Миллати тољик љашни Наврўзро дар тўли садсолањо ба монанди забони модарї њифз намуда, дар замони навин онро љузъи таркибии њувийяти миллї ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад. * * *

Бигзор Наврўзи хуљастапай дўстиву њам­ дилии моро боз њам пойдортару бобаќо гардонад! Бигзор сарсабзиву шодкомии иди Наврўз ба њама пиру љавони кишвари азизамон, њар як хонадони мардуми тољик ва њамзабонони хориљии мо насиб гардад! Бигзор зиндагии мо њамеша чун дар бањор сарсабзу хуррам, зебою пуртароват бошад! «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

Нахустин рўзи Фарвардин Наврўз нахустин рўз аст аз фар­ вардинмоњ ва з-ин љињат рўзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ўст аз ин панљ рўз, њама љашнњо ва шодмонињост. Абўрайњони Берунї * * * Љамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойљон расид, фармуд, тахти гавњарнишоне ба љои баланде рў ба љониби Ховар гузоранд. Ва худ тољи гавњарнишоне бар сар нињода бар он тахт биншаст. Њамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тољу тахт афтод, фурўѓе дар нињояти рўшної падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: "Ин рўзи нав аст!" Ва чун ба забони пањлавї шуоъро "шед" мегўянд, ўро Љамшед хонданд ва љашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврўз) пайдо шуд. "Фарњанги Дењхудо" * * * Љамшед - подшоњи Пешдодї фармон дод, то барои ў гардунае бисозанд ва бар он нишаст ва бо он дар фазо, њар љо ки мехост, ба гардиш пардохт. Нахустин рўзе, ки вай бар он нишаст, нахустин рўзи фарвардинмоњ буд, ки бо фарру фурўѓи худ ошкор омад ва он рўзро Наврўз хонданд. Маќдисї (муаррихи араб) * * * Ањримани гуљаставу нопок хайру баракатро аз мардум дур кард, чандон ки њар чї мехўрданду меошомиданд, серу сероб намешуданд. Бод аз вазиш истод ва борон наборид. Гиёњон хушкиданд ва хушксоливу ќањтї падид омад ва наздик буд љањон нобуд гардад. Пас Љамшед бо фармони Худованд ба ќасди љойгоњи Ањриман ба љануб равон «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

шуд. Муддате он љо монд, то хайру баракат бозгашт ва мардум аз бало рањої ёфтанд. Ва Љамшед дар ин њангом ба дунё бозгашт. Дар ин рўз њар гиёње, ки хушк шуда буд, сабз гардид ва мардум гуфтанд: "Инак, рўзи нав!" Ва њар кас аз роњи табаррук ба ин рўз дар ташт љав кошт. Сипас ин расм миёни эрониён пойдор монд, ки дар Наврўз канори хона њафт навъ аз донањо дар њафт сутун бикоранд ва аз рўйидани ин ѓалладонањо ба хубї ва бадии зироат ва њосил пай баранд. "Ат-тафњим"-и Абўрайњони Берунї * * * Љамшед донишварон ва андешамандонро гирд кард ва аз эшон пурсид: -Чист, ки мулкро боќї ва поянда дорад? Гуфтанд: -Дод кардан ва дар миёни халќ некї кардан. Пас Љамшед доду адл густариш дод ва донишмандонро бифармуд: -Ман ба додрасї бинишинам, шумо назди ман биёед, то њар чї дар ў дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам. Ва нахустин рўз, ки Љамшед ба додрасї бинишаст, њурмуздрўз буд аз моњи фарвардин… Пас он рўзро Наврўз ном карданд. "Таърихи Балъамї" 7


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

* * * Сабаби ном нињодани Наврўз аз он будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарўз рубъе ба аввали даќиќа ба бурљи Њамал ояд ва чун Љамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном нињод ва ба ин љашн ойин овард. Умари Хайём * * * Наврўз њамон рўзест, ки Хуршед ба бурљи Њамал мерасад. Дар таъйини ин рўз ќавлњои мухталиф аст. Ва феълан ќавли маъруфу машњур он аст, ки Наврўз њамон рўзест, ки Хуршед пас аз завол дар аввалин дараљаи бурљи Њамал ќарор мегирад, агар баъд аз заволи зуњр хуршед ба аввалин дараљаи бурљи Њамал бирасад, Наврўз баъди он хоњад буд. "Ал-милал ва ва-н-нињал"-и Шањристонї * * * Наврўзро рўзе фархунда аз ањди бостон медонистанд ва ривоят мекарданд, ки дар ин рўз чунин воќеоти фарањбор рух дода: 1. Каюмарс, ки нахустин подшоњ ва ба ривояти дигар, нахустин инсон дониста шуда, дар Наврўз ба дунё омад. 2. Њушангшоњи Пеш­додї дар њамин рўзи фархунда мутаваллид шуд. 3. Тањмурас дар ин рўзи фаррух девони табањкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард. 4. Фаридуншоњ дар ин рўз кишвари пањновари Эронро дар миёни се фарзанди худ, яъне Эраљ, Салм ва Тур таќсим кард. 5. Соми Наримон - ќањра­мони форснажодон дар ин рўз дар пайи саркўбии мардумозорон бархост ва бунёди табањкориро вожгун намуд ва осоиши мардуми кишварро пойдор сохт. 6. Кайхусрав - фарзанди Сиёвуш дар ин рўз аз модар зоида шудааст. 7. Кайхусрав дар ин рўзи фархунда афсори подшоњиро ба Лўњросп бахшидааст. 8. Зардушт дар њамин рўз мутаваллид шудааст. 8

9. Зардушт дар њамин рўз аз сўи Ању­ рамаздо ба пай­ѓомбарї баргузида шудааст. 10. Шоњ Гуштосп ва бону Катоюн ва Љомосп дар њамин рўз ойини маздоясноро пазируфта ва аз Зардушт пайравї кардаанд. «Таърихи Њумоюн» * * * Агар рўзе Худованд љањонро оѓоз кардааст, мусалламан он рўз ин Наврўз будааст. Мусалламан бањор нахустин фасл ва Фарвардин нахустин моњ ва Наврўз нахустин рўзи офариниш аст. Алии Шариатї * * * Дар рўзи аввали Наврўз дар он замони дерин низ мардум субњ зуд бархоста, ба канори нањру љўйборњо рафта шустушў мекарданд, ба њамдигар њамчун пайѓоми поки рўшної об мепошиданд, ширинї медоданд. Ќабл аз он ки бо њам сухане бигўянд, ав­валтар аз њама шакар мехўрданд ва ё асал мечашиданд, равѓан ба бадан мемолиданд, оташ меафрўхтанд. Дар ин рўз шоњон сиккаи нав мезаданд, ба мардум инъому тўњфањо мекарданд. Артур Кристенсен * * * Ба сабаби аввали бањор, дар ваќти ба њаракат даромадани тамоми растанињо рост омадани ин ид (Наврўз) табиати инсон њам ба њаракат меояд. Дар њаќиќат, ин ид ба њаракат омадани киштњои ѓалладона ва оѓози киштукор ва дигар мањсулоти заминист, ки инсонро сер карда ва сабаби баќои ў мешавад… Дар Бухоро Наврўзро, ки иди миллии умумии форсизабонон буда, бисёр њурмат мекарданд. Њатто, уламои динї ин идро, ки пеш аз ислом одати миллї буда, баъд аз мусалмон шудан њам тарк накарданд, њатто, ранги динї - исломї дода, аз вай фоида мебурданд. Садриддин Айнї «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ИДИ НАВРўЗ Наврўз - Иди бањор ва Соли нав, љашни ќадимї ва анъанавии мардуми эронинажод, аз љумла, тољикон (баъдтар дар байни дигар халќњои ѓайриэронї низ расм шудааст) мебошад, ки ба рўзи аввали солшумории шамсї - 1-уми аввали њамал ё 21-уми марти солшумории мелодї рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноњияњо "Иди сари сол" низ меноманд. Таќрибан зиёда аз 3 њазор сол ќабл Наврўз вобаста ба кори дењќонї пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврўз бо эњё гардидани табиат дар бањорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Наврўз ва ривояти Абўрайњони Берунї Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврўз ба дурустї маълум нест. Аммо ин љашн таърихи зиёда аз сењазорсола дорад ва куњантарин ойини миллї дар љањон ба шумор меравад. Абўрайњони Берунї - донишманд ва олими ќарни дањум дар китоби машњури худ «Осор-улбоќия» аз забони Алї ибни Яњё навиштааст, ки «Рўзи Наврўз ягона рўзест, ки таѓйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафњим» менигорад, «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ки «нахустин рўз аст аз Фарвардинмоњ ва аз ин љињат рўзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Њикояту ривоятњо дар бораи иди Наврўз хеле бисёранд. Абўрайњони Берунї дар китоби «Ал-тафњим» овардааст, ки «чун Љамшед ба подшоњї расид, динњо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тоза буд, Љамшед ид гирифтї, агарчи пеш аз он њам Наврўз бузургу муаззам буд». Њамчунин дар љои дигари ин китоб чунин овардааст: «Аз расмњои подшоњон Наврўз чист? Нахустин рўз аст аз Фарвардинмоњ ва аз ин љињат рўзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст». Бояд зикр намуд, ки мувофиќи маълумоти овардашуда аз осори Абўрайњони Берунї чунин хулосабарорї кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи љашн гирифтани Наврўз сухан мегўяд ва дар тањќиќи хеш барои шинохти рамзу рози ойинњо ва маросимњои гуногун на танњо ган­ љинањои куњанро мековад ва дари онњоро ба рўи хонандагони асари гаронбањояш мекушояд, балки аз амал намудан тибќи суннатњои дерина дар рўзгори худ низ хабар медињад ва ошкоро мегўяд, ки мардуми давронаш бо покизагардонию навсозии њамаи афзорњо ва дастмояњои зиндагї ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврўз истиќбол менамуданд.

«Наврўзнома»-и Умари Хайём Дар рисолаи «Наврўзнома»-и мансуб ба Умари Хайём низ ба њамин нигариши равшангарона ба Наврўзи замони ќадим ва хусусияти ойинњои он рў ба рў мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розњои он пай мебарем. 9


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

«Аммо сабаби нињодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки њар сесаду шасту панљ рўзу рубъе аз шабонарўз ба аввали даќиќаи њамал боз ояд ба њамон ваќту рўз, ки рафта буд, бадин даќиќа натавонад омадан, чи њар сол аз муддат њаме кам шавад. Ва чун Љамшед он рўзро дарёфт, «Наврўз» ном нињод ва ба ин љашн ойин овард. Ва пас аз он подшоњон ва дигар мардумон бад-ў иќтидо карданд. Ва ќиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулуки Аљам ба подшоњї биншаст, хост, ки айёми солу моњро ном дињад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод Офтоб ба аввали даќиќаи њамал омада. Мўбадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он љо оѓоз кунанд. Мўбадон љамъ омаданд ва таърих нињоданд. Ва чунин гуфтанд мўбадони Аљам, ки доноёни рўзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздањ фаришта офаридааст: аз ин чањор фаришта бар осмонњо гумоштааст, то осмонро ба њар чї андар ўст, аз ањриманон нигоњ доранд; ва чањор фариштаро бар чањор гўшаи љањон гумоштааст, то ањриманонро гузар надињанд, ки аз кўњи Ќоф баргузаранд. Ва чунон ки чањор фаришта дар осмонњо ва заминњо мегарданд ва ањриманонро дур медоранд аз халоиќ. Ва чунин мегўянд, ки ин љањон андар миёни он љањон чун хонаест нав, андар сарои куњан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтоб­ро аз нур биёфарид ва осмонњову заминњоро бад-ў парвариш дод. Ва љањониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурњои Эзиди таоло ва андар вай ба љалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст. Ва гўянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ўро бузург доранд ва њаќќи њунари вай бидонанд, ки њар кї варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гўянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он њангом фармон фиристод, ки (Офтоб) субот баргирад, то тобиш ва манфиати ў ба њама чизњо бирасид. Офтоб аз сари њамал бирафту осмон ўро баргардонид ва торикї аз рўшної људо гашту шабу рўз падидор шуд. Ва он оѓозе шуд мар таърихи ин љањонро. 10

Пас аз он ба њазору чањорсаду шасту як сол ба њамон рўз бозрасид. Ва он муддат њафтоду се бор ќирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «ќирони асѓарї» хонанд ва ин ќирон њар бист сол бошад. Ва њар гоњ ки Офтоб давраи хештан сипарї кунаду бад-ин љой бирасад ва Зуњал ва Муштариро ба њамин бурљ, ки њубути (фаромадани) Зуњал андар ўст, ќирон бувад ба муќобили ин бурљи Мизон, Зуњал андар ўст, ки як давр ин љо ва як давр он љо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду љойгоњи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари њамал равон шуду Зуњалу Муштарї бо дигар кавокиб он љо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизњои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он ваќтро дарёфтанд, маликони Аљам аз бањри бузургдошт Офтобро аз бањри он, ки њар кас ин рўзро љашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то њамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоњ доранд. Ва чунин гўянд, ки Каюмарс ин рўзро оѓози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанљ рўз ба дувоздањ ќисмат кард, њар бахше сї рўз. Ва њар якеро аз он номе нињоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздањ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас он гоњ даври бузургро, ки сесаду шаступанљ рўзу рубъе аз шабонарўзї аст, «соле бузург» ном кард ва ба чањор ќисм кард. Чун чањор ќисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврўзи бузургу нав гаштани ањволи олам бошад. Ва бар подшоњон вољиб аст ойин ва расми мулук ба љой овардан аз бањри муборак ва аз бањри таърихро ва хуррамї кардан ба аввали сол. Њар кї рўзи Наврўз љашн кунад ва ба хуррамї пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодї ва хуррамї гузорад. Ва ин таљриба њукамо аз барои подшоњон кардаанд. Пас Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздањ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас он ойин то ба рўзгори Искандари Румї, ки ўро «Зулќарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон њам бар он мерафтанд то бар рўзгори Ардашери Бобакон, ки ў кабиса карду љашн бузург дошт ва ањднома бинвишт ва он рўзро «Наврўз» бихонд. Ва њам бар он ойин мерафтанд то ба рўзгори Нўшервони Одил. Чун Айвони Ма«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

доин тамом гашт, Наврўз кард ва расми љашн ба љо овард, чунон ки ойини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт: «Ин ойин баљо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат, ки Каюмарс ва Љамшед карданд, аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рўзгори Маъмуни халифа. Ў бифармуд, то расад бикарданд. Ва њар соле, ки Офтоб ба њамал омад, Наврўз ид фармуд кардан».

Таърихи пайдоиши маросими Наврўз Иди Наврўз ин љашни оѓози бањор ва соли нави мардуми форсу тољик мебошад. Наврўз дар луѓатњо ба маънои рўзи нав ва тоза, рўзи нахустин, аввали рўзњои сол, яъне рўзе ки соли нав аз он оѓоз мегардад, омадааст. Дар баъзе аз матнњои куњан, аз љумла «Шоњнома»-и Њаким Фирдавсии Тусї, «Таърих»-и Табарї, «Ал-тафњим», «Осор-ул-боќия»-и Абўрайњони Берунї ва «Наврўзнома»-и Умари Хайём шоњ Љамшед ва ё Каюмарс ба унвони поягузори Наврўз муаррифї шудаанд. Падидоварии Наврўз дар «Шоњнома» ба ин гуна ривоят шудааст, ки Љамшед дар њоли гузаштан аз Озарбойљон дастур дод, то дар он љо барои ў тахте бигузоранд ва худаш бо тољи зарин бар рўи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тољи зарини ў љањон нуронї шуд ва мардум шодмонї карданд ва он рўзро Наврўз номиданд: Ба Љамшед бар гавњар афроштанд, Мар он рўзро рўзи нав хонданд. Бархе аз ривоёти таърихї оѓози Наврўзро ба бобулиён нисбат медињанд. Тибќи ин ривоятњо, ривољи Наврўз дар сарзамини Форс ба соли 538-и пеш аз мелод, яъне замони њамлаи Куруши Кабир ба Бобул бозмегардад, ки мањз ў Наврўзро љашни миллї эълом кард. Вай дар ин рўз барномањоеро барои сарбозон, поксозии маконњои њамагонї ва хонањои шахсї ва бахшиши мањкумон иљро менамуд. Ин ойинњо дар замони подшоњони дигари Њахоманишї низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум маросими Наврўз дар тахти Љамшед баргузор мешуд. Албатта, дар сангнабиштањои баљомонда аз даврони Њахоманишињо ба таври мустаќим «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ишорае ба баргузории Наврўз нашудааст, аммо баррасињо бар рўи ин сангнавиштањо нишон медињад, ки мардум дар даврони онњо бо ин љашн ошно будаанд ва Њахоманишиён Наврўзро бо шукўњи бузурге љашн мегирифтаанд. Санадњои таърихї шањодат медињанд, ки Дорои I ба муносибати Наврўз дар соли 414-и ќабл аз мелод сиккае аз љинси тилло зарб намуд, ки дар як сўи он сарбозе дар њоли тирандозї нишон дода шудааст. Њамчунин дар баъзе ривоёт, Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврўз номбар шудааст. Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврўз љашн гирифта мешудааст. Њикояту ривоятњо дар бораи иди Наврўз хеле бисёранд. Масалан, Абўрайњони Берунї дар китоби «Осор-ул-боќия» овардааст, ки «чун Љамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рўз бар он савор шуд ва љину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рўз аз кўњи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рўзро ид гирифтанд. Барои ба ваќти мизони бањор овардани иди Наврўз дар замони хилофати араб кўшишњои зиёде карданд ва оќибат онро ба ваќти таърихии худ баргардониданд. Танњо соли 392и њиљрии ќамарї дар натиљаи њар чањор сол якрўзї аќиб мондан ба аввали њамал расид. Аз китобњои таърихї, яъне «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боќия», «Ал-тафњим»-и Абўрайњони Берунї ва асарњои дигар маълум мешавад, ки Наврўз дар даврони ќадим ба шаклњои гуногун ќайд карда мешудааст. Рўзњои љашнгирии ид низ фарќ доштааст. Баргузории љашни Наврўз дар замони Сосониён чанд рўз (на камтар аз шаш рўз) тўл мекашид ва ба ду давра таќсим мешуд. Наврўзи кўчак ё Наврўзи омма, ки панљ рўз буд ва аз якум то панљуми моњи фарвардин гиромї дошта мешуд ва рўзи шашуми фарвардин (хурдодрўз) љашни Наврўзи бузург ё Наврўзи хосса барпо мегашт. Дар њар яке аз рўзњои Наврўзи омма табаќае аз табаќоти мардум (дењќонон, рўњониён, сипоњиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоњ меомаданд ва шоњ ба суханони онњо гўш медод ва барои њалли мушкилоташон дастур содир мекард. Дар рўзи шашум шоњ њаќќи табаќоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рўз 11


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

танњо наздикони шоњ ба њузури ў меомаданд. Рўзи аввали фарвардинмоњ шоњон ба тахт дар сар тољи њафтситорадор менишастанду тўли панљ рўз мардумро ќабул мекарданд, њољати онњоро мебароварданд ва њадяњо мебахшиданд. Нахустин касе, ки ба назди подшоњ меомад, мўбади мўбадон ва пас аз он дигарон, њар кадом дар гурўњи пешаи худ, пеш меомад ва рањовард пешкаш мекарданд. Рўзи шашум Наврўзи бузург буд ва хонадони шоњї ва дарбориён бор меёфтанд. Љашни Наврўз, ки дар гузашта баргузор мешуд, њамин панљ рўзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоља Њофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда», вобаста ба ин расм мегўяд: Сухан дар парда мегўям, чу гул аз ѓунча берун ой, Ки беш аз панљ рўзе нест њукми мири наврўзї. Мувофиќи гуфтаи Абўрайњони Берунї, дар ањди шоњони Сосонї фарвардинмоњ ба шаш бахш таќсим шуда, чун моњи Наврўз љашн гирифта мешудааст: панљ рўзи аввалро подшоњон бо ашрофони худ, панљ рўзи дуюмро ба бахшидани њадяњо, панљ рўзи сеюмро шоњ бо хизматгузорони худ, панљ рўзи чањорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панљ рўзи панљумро бо лашкариёнаш ва панљ рўзи боќимондаро бо омма љашн мегирифтааст. Дар ин рўз ѓайр аз шахсоне, ки худи подшоњ мехост, каси дигар њуќуќи дар маљлиси ў иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рўзњои наврўзї навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин њам як суннати таљлили Наврўз дар он даврањо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба њамдигар яке аз анъанањои иди Наврўзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоње ки Наврўзи омма ва хоссаро бо њам омехта, рўзи мобайни онро рўзи љашн эълон кард, шоњи Сосонї Њурмузд - писари Шопур (соли њукмрониаш 272-274 њ.ќ) будааст… Замони давлатдории хулафои уммавї (661-750) бо маќсади дар байни халќ пайдо намудани обрў ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврўз иљозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо маќсади пазириши њадоёи мардумї аз Наврўз истиќбол мегирифтанд. Бо рўи кор омадани Сомониён ва Оли 12

Бувайњ љашни Наврўз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд. Дар замони Салчуќиён бошад, бо дастури Љалолидин Маликшоњи Салљуќї теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоњоти таќвим гирди њам омаданд. Ин гурўњ Наврўзро дар рўзи якуми бањор ќарор доданд ва љойгоњи онро собит намуданд. Ислоњоти дар асоси мушоњидањои даќиќи илмї ва њисобу китоби аниќ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ў «Зиљи Маликшоњї», ки дар таърих бо номи «Таќвими Љалолї» маъруф аст, бомуваффаќият љамъбаст карда мешавад. Њазорсолањост, ки ќавму миллатњои гуногун дар њар куљо ва дар њар њоле ки бошанд, Наврўзро бо њама расму русумаш дар хонаву кошонањои хеш љашн мегиранд. Иди Наврўз дар замонњои тозиён, туркон, муѓулон ва дигар фармонравоён низ бо шодї ва хушї баргузор мешуд. Саранљом гирд омадан сари суфраи наврўзї, ки он њафт пояи аслї дорад ва њафт син хонда мешавад ва чизњоеро шомил мешавад, ки нахустин њарфи онњо син аст ва ниёишгузорї, ѓазалхонї, таронагўї ва наѓмапардозї дар лањзаи гардиши сол, нафас дар сина њабс кардан ва хомўш мондан ва чашм бар обу ойина, шамъи фурўзон, сабза, гули шукуфон ва шиноварии моњиён дўхтан, то рўйдоди бузург ошкор гардад ва замону љањони бошукўњтар љои ошўбу ѓами поринаро бигирад, нуќтаи ављи ин сурур аст. Ѓайр аз ин дар айёми наврўзї баргузории мусобиќањои варзишї, ба хусус, гўштингирї аз фарањангезтарин саргармињост. Дар канори онњо бозињои дигаре мисли футбол, волейбол, дастхобонї ва ѓайра баргузор мешавад. Ба ин тариќ, Наврўз ва ойинњои куњанбунёди он њамагї асотир ва армону фарњанг ва таъриху адаби њазорсолаи мардуми форсу тољикро якљо дар худ фароњам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарњангиашон ба сароѓози сароѓозњо ва сарчашмаи сарчашмањо мебарад, то тану љон дар оби покї ва ростї бишўянд ва паймони нав кунанд, ки њамвора некандеш, некгуфтор ва неккирдору навхоњ, нављўву навгардон бимонанд ва то њастанд, озода, сарафроз ва пўёву кўшо бошанд. Наврўз яке аз љашнњои деринсоли мардуми тољик ба њисоб меравад. Дар ин ид дехќонон ба киштукори сањрої мебароянд. Яке аз рамзњои «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

асосии Наврўз суманак мебошад. Дар васфи Наврўз адибони маъруф шеърњо эљод кардаанд ва шоири машњури тољик устод Мирзо Турсунзода омадани бањорро чунин тасвир кардааст: Бањор омад, садои булбул омад, Насими фораму бўи гул омад. Либоси сабзро сањро ба бар кард, Кулоњи сап-сафед олу ба сар кард.

Ривоят Наврўз яке аз ќадимитарин идњои ориёист. Ривоят аст, ки ин љашнро Љамшед асос гузоштааст. Ин љашн дар моњи аввали бањор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рўз офтоб ба хатти устуво меояд ва шабу рўз баробар мешаванд. Рўзи якуми Фарвардинро рўзи якуми бањор - саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лињоз, Наврўз иди омадани бањор, саршавии киштукор мебошад. Тољикон дар ин рўз хонаи худро сафед карда, њамаи касифињои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепўшанд ва орзуи бењбудињои зиндагиро менамоянд. Дар ќадим олимон аз донањои зироат сабзањо тайёр намуда, ба воситаи онњо њо­ силнокии зироатњои соли навро пешгўї мекарданд. Дастурхони наврўзї ѓанитарин дастурхони идњо буд. Дар он гул, ширинї, шарбат, май, нон, меваљот мегузоранд. Раќами 7-ро гузаштагон бузург мењисобиданд ва ба ин хотир дастурхонро бо «њафт син» - себ, санљид, сирко, сим, сабза, сабзї, ки ишора ба њафт амшоспандон - фариштагони бузург аст, меоростанд. Панљ рўзи аввали Наврўз ба арводи фраврњо бахшида мешавад. Дар ин рўзњо ќабристонњоро тоза карда, дар онњо ќурбонињо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рўзњо арвоњи гузаштагон аз осмон ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоњ мешаванд ва барои он ки онњоро фаромўш накардаанд, изњори ќаноатмандї намуда, ба авлоди худ кўмак мекунанд. Панљ рўзи дуюмро мардуми шањру дењот бо тўю тамошо ва мусобиќањои гуногуни варзишї мебахшиданд. Панљ рўзи сеюмро мардум дар дарбори шоњњо бо тантана љашн мекарданд ва 15 рўзи боќимондаро ба сайри наврўзї дар сањро мебахшиданд. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

Бод бар ту мубораку хуншон, Љашни Наврўзу гўспандкушон. Абўабдуллоњи Рўдакї * * *

Њангоми омадан-ш на ин гуна буд ёр, Имсол тозарўйтар омад њаме бањор. Фаррухии Сиистонї * * *

Наврўз рўзи хуррамии беадад бувад, Рўзи тавофи соќии хуршедхад бувад. Манучењрии Домѓонї * * *

Дар орзуи бўйи гули Наврўзам, Дар њасрати он нигори оламсўзам. Аз шамъ се гуна кор меомўзам: Мегиряму мегудозаму месўзам. Масъуди Саъди Салмон * * *

Наврўз љавон кард бадал пиру љавонро, Айёми љавонист заминрову замонро. Њар сол дар ин фасл барорад фалаки пир Чун табъи љавонони љањондўст љањонро. Бигрифт шукуфа ба чаман-бар гузари боѓ, Чун он ки ситора гузари Коњкашонро. Он ѓунчаи гул бин, ки њаменозад бар бод Аз хандаи дуздида фурў баста дањонро. Абулфараљи Рунї * * *

Њаббазо, нузњати айёми бањор, Ки барад з-ањли хирад сабру ќарор. Ваќти он аст, ки аз хона кунанд Ба тамошо сўйи гулзор гузор. Дашт аз сабза чу дарё дар мављ, Рехта гавњари ишрат ба канор. Гавњари ишрат агар металабї, Гузаре кун сўйи ин дарё бор… Наќдро дон, ки набинам асаре Бар ту имсол зи ояндаву пор. Ин љањон мазраъаи охири туст, Њар чї хоњад дилат, эй дўст, бикор. Дењќанат пеша гирифт, Ибни Ямин. То њам аз кишти худаш ояд бор. Ибни Ямин 13


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

Наврўз

ВА РАСМУ ОЙИНЊОИ ТАРКИБИ ОН

Дар таърихи фарњанги мардуми эронитабор њељ як анъана ва расму ойине чун љашни хуљастапай ва фархундаи Наврўз азизу арљманд нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишњои эстетикї, мењру садоќат ва анъаноти ниёгон мебошад. Љашни Наврўз аз ќадимтарин ва густурдатарин идњои мардуми эронитабор буда, умри дарози беш аз панљњазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврўз «рўзи нав» маънї дошта, дар аввали соли нави хуршедї ба истиќболи соли нав барпо мешавад. Наврўз љашни фарорасии бањори нозанин, зиндашавии табиат, оѓози корњои кишоварзї ва боѓдорї, айёми баробаршавии шабу рўз дар бањор мебошад. Аз нигоњи њисоби ситорашиносї, Наврўз рў­ зест, ки офтоб ба бурљи барра (њамал) ворид мешавад ва дар њамон даќиќаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврўз бузургтарин љаш­ ни тољикон ба шумор меравад, ки ба фарњанги ќавму миллатњои дигари Осиёи Марказї низ бо њамин ном гузаштааст. Љашни Наврўз нишебу фарозњои таърих, њаводиси сиёсию иљтимої ва маънавии зиёдеро паси cap карда, то ба имрўз расидааст. таърихЧАи љашни Наврўз Рољеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин љашни куњанбунёд дар сарчашмањои таърихию адабї ва бадеї маълумоти зиёд зикр гаштааст ва донишмандон дар асоси онњо маќолаву рисолањои арзишманд таълиф намудаанд. Маълу14

моти мустаќим ва пурањамиятро дар «Шоњнома»-и Фирдавсї, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осорул-боќия» ва «Ат-тафњим»-и Абўрайњони Берунї, «Зайн-ул-ахбор»-и Абўсаиди Гардезї, «Ал-мањосин ва-л аздод»-и Кисравї ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоќ Љамшеди пешдодиро бунёдгузори љашни Наврўз хондаанд. Њаким Умари Хайём дар «Наврўзнома» рољеъ ба бунёд гузоштани љашни мазкур чунин навиштааст: «...аммо сабаби нињодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки њар сесаду шасту панљ рўзу рубъе аз як шабонарўз ба аввали даќиќаи Њамал боз ояд ба њамон ваќту рўз, ки рафта буд, бад-ин даќиќа натвонад омадан, чи њар сол аз муддат њаме кам шавад. Ва чун Љамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном нињод ва љашн ойин овард ва пас аз он подшоњон ва дигар мардумон бад-ў иќтидо карданд». Абўсаид Абулњайи Гардезї дар китоби «Зайнул-ахбор» дар бораи Љамшед мегўяд: «Љамшеди Вангањон (Анвљањон) чун бар тахт биншаст, бо

девон њарб кард ва дасти эшонро аз мардумон кўтоњ кард, эшонро зи ободињо барандохт ва андар дарёњову вайронињо шуданд ва эшонро корњои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба рўйи он нишаст ва ўро андар њаво бибурд ва дуо кард, то Худойи азза ва љалл гармову сармо ва беморї ва марг аз мардумон баргирад. Худойи азза ва љалл аз некўсиратии вай дуои ў мустаљоб кард. Онро љашни Наврўз бисохт ва девонро фармуд, то конњо кананд ва љавоњирњо берун оваранд, ба дарё фурў рафтанд ва гавњарњо бароварданд ва

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ ин амал ба мардумон биёмўхтанд, љомањо ранг фармуд кардан». Дар дарбори подшоњони сосонї Наврўз хеле бошукўњ ва пурдабдаба таљлил мегашт. Намояндагони 23 кишвар (тобеини Эрон ва кишварњое, ки бо Эрон робита доштанд) ба њузури шоњ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ њадяњо таќдим мекарданд. Аз ин тўњфањо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд. Кисравї дар китоби «Ал-мањосин ва-л аздод» дар бораи таќдими њадоё ва навъњои он чунин навиштааст: «Аз Њинд фил, шамшер, мушку васоили кишоварзї, аз Тибету Чин мушку анбар, абрешим ва ранг, аз савоњили рўди Синд товус ва тўтї, аз дарбори Рум фаршу порчањои алвон, эњтиёљи саворкорони эронї, аз кишварњои њамљавор ва Миср асбњои зебо ва тезрав - гўсфанд, шутур, оњу, хари вањшї ва зарофа ва соири њадоёи наќдї». Таќдим ва навъи ин њадоё дар наќши Тахти Љамшед ба хубї нишон дода шудааст. Марселиюс - бозаргони румї, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоњиди љашни Наврўз будааст, дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рўзи љашни Наврўз духтарону занони пойтахт бо либосњои абрешимии обию сабз ва мардон бо љомањои навдўхта дар сањни кох љамъ шуда, ба пойкўбї ва раќс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анўшервон, ки шаш њазор метр масоњат дорад, фарши сафеди як ќитъаи музайян бо љавоњироти њафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи бањору табиатро менамояд. Дарахтони ин фарш бо зумуррад ва шукуфаи дарахтон бо забарљад ва аќиќи сафед ва сурати ёќути сурх, муљассамаи шутуре аз нуќраи хом ва асбе аз тиллои ноб бо зин ва барги љавоњирнишон бар зинати толори шоњаншоњї афзудааст. Дар интињои толор пардаи марвориддўзе бо абрешими обї ва овезањои зарбафт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинї ва ошомиданї аз шодбошгўяндагон дар Наврўзи хосса ва омма борёфтагон пазирої мекарданд ва ромишгарон њозирони толор ва мардумеро, ки дар сањни боѓ љамъ шуда буданд, ба шодмониву сурур меоварданд». Таљлили љашни Наврўз дар даврони њуку­ матдории Сомониён бо шукўњи тоза идома ёфтааст ва дар ин бора донишмандон дар сарчашмањои адабї ва таърихї ёдовар шудаанд. Шоирони забардасте чун Рўдакию Фирдавсї, Даќиќї оид ба љашни Наврўз бо мењру муњаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои бањорро ба ќалам додаанд. Дар тўли садсолањо Наврўз ва ойину маросимњои марбут ба он вобаста ба идеологияи давлатњои

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

њукмрон борњо ба таѓйиру дигаргунї мувољењ шудааст ва мардуми тољику халќњои дигари эронї дар њама замонњои душвору пур аз љангу офатњо аз таљлили ин љашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд. Ойину суннатњои тољикон дар айёми Наврўз инњоянд, ки аксари онњо то ба имрўз роиљанд. Гулгардонї. Аз омадани Наврўз пеш аз њама бачагон бо иљрои анъанаи гулгардонї ба дигарон хабар медињанд. Онњо як-ду њафта ќабл аз Наврўз гурўњ шуда, ба кўњу пуштањо рафта гулњои бањорї - бойчечак, сияњгўш ва гули зардакро чида, ба дења меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврўзро мерасонанд. Соњибхонањо гулњоро бўй кашида, ба чашм мемоланд ва ба бачањо кулчаю ќанду мавиз, дар баъзе љойњо гандуму нахўд медињанд. Яке аз сурудњое, ки дар ин маросим месуруданд, ин аст. Гул овардем ба мењмонї, Ту ќадри гул намедонї? Агар донї, мусулмонї, Бањори нав муборак бод! Гул овардем аз он поён, Хаварат мекунем, дењќон, Буте ѓалла ба гулгардон, Бањори нав муборак бод! Гули зардак сано мега, Санои кибриё мега, Ба њар пањлў дуо мега, Бањори нав муборак бод! Гули сияњгўш њафтрангай, Хўроки кавки дилтангай. Њамеша бар саруш љангай. Бањори нав муборак бод! Дар замонњои пеш то солњои панљоњуми асри ХХ дар дењањои ноњияи Њисор як гурўњ бачањои 10-15-сола дар аввалњои фарорасии бањор ба дашту адир рафта, гули сияњгўш чида меоварданд ва "Ана гули бањорї баромадааст!», -гуфта шодї мекарданд. Баъд гули сияњгўшро ба нўги чўби дарози якметра баста, хона ба хона мегаштанд. Аз ќафои онњо як гурўњ кўдакон њамроњ буданд. Онњо гулро аз дарњо ба хона дароз карда, суруди гулгардониро мехонданд: Гули сияњгўш сувор омад, Гули зардак ќатор омад, Ба дењќон ваќти кор омад, Бањори нав муборак бод! Соњибони хона гулро зиёрат мекарданд, сипас ба бачањо ќандалоту ѓулингу мавиз, баъзењо гандуму нахўду лўбиё медоданд. Бачањо ин чизњоро бурда 15


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ дар дашт, яъне, берунтар аз дења гандумкўча пухта мехўрданд. Дар ноњияи Тољикобод бачањо гули наврўзиро чида, хона ба хона гулгардонї мекарданд. Њар як соњибхоназан гулро гирифта, зиёрат карда мегуфт: «Бисмиллоњир рањмонир рањим, сабукињои ту азони ман, вазнинињои ман азони ту». Сипас ба кўдакон ќанду ширинињо медод. Љуфтбаророн. То солњои панљоњуми асри ХХ дар ноњияњои минтаќаи Суѓд, Хатлон, водии Њисор ва баъзе вилоятњои тољикнишини Ўзбекистон дењќонон то фарорасии љашни Наврўз маросими љуфтбаророн барпо мекарданд. Рўзи аввал дењќонон дар хонае љамъ омада, дастљамъона оши палав пухта мехўрданд ва аз Ќуръони шариф сурањо тиловат мекарданд ва дар њаќќи Бобои Дењќон ва арвоњи гузаштагон дуою фотиња мехонданд. Сипас онњо ба сари замин рафта, ба шохи барзаговњо равѓани заѓир мемолиданд ва ба сару бадани говњо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонї буд. Рўзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз мўйсафедони калонсолтарини дења ба тариќи рамзї ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рўз бармегаштанду кори асосї аз рўзи дуюм оѓоз мешуд. Фолгирї. Ойини дигар пешбинї кардан бо роњи сабзонидани 12 навъи ѓалладона - гандуму љаву нахўду боќило, заѓир, наск, мош ва ѓайра мебошад. Ин ѓалладонањоро дар зарфњои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату кайфияти сабзиши онњо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ѓалладона дар ин сол нашъунамои хуб карда, њосили фаровон хоњад дод. Дар замони шоњаншоњии Сосониён 25 рўз ќабл аз љашни Наврўз аз хишт 12 сутун сохта, даруни онњоро бо хок пур мекарданд ва ин 12 сутун рамзи 12 моњи сол њисоб мешуд. Дар дохили ин сутунњо анвои ѓалладонаро кошта, аз равиши сабзидани онњо натиљаи њосили кишоварзии соли ояндаро пешгўї мекарданд. Хонабаророн. Мардум як њафта пеш аз фарорасии Наврўз кўрпаву палосњоро аз хона берун бароварда, хонаро рўфтаю тамиз мекунанд, кўрпаву пардањоро мешўянд ва хушбўї мезананд. Тамоми палосу кўрпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаконанд. Девори хонањоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфњоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иќболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирї, њамон солро бо хушу хурсандї мегузаронї. Чањоршанбесурї. Маросими чањоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбесурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиќи таќвими эронї16

хуршедї) гузаронида мешавад. Дар чорроњае оташ афрўхта, хурду калон аз болояш мељањиданд ва ба оташ мурољиат карда мегуфтанд: «Ранљурию ранги зарди ман азони ту, сурхию хуррамии ту азони ман». Бо иљрои ин амал онњо бовар доштанд, ки то соли нави оянда тандуруст хоњанд буд. Мувофиќи бовари дигаре, агар аз болои оташ љањида гузарї, гуноњњоят мерезанд. Дар ноњияи Њисор то нимањои садаи гузашта дар рўзи чоршанбеи охирони моњи сафар занњо љамъ шуда, дар кўча ё боѓњо се гулхани начандон калон меафрўхтанд. Маротибаи аввал аз болои онњо бо навбат љањида мегузаштанд ва аз он тараф боз љањида бармегаштанд. Маротибаи севум љањида мерафтанду сипас ба ќафояшон нигоњ накарда меомаданд ва ягон зарфи кўњна, лабшикаста, чанговарда ё сирпаридаро ба санге зада мешикастанду ба хона бармегаштанд. Дар асри гузашта њамин гуна маросим дар Истаравшану Хуљанд ва Самарќанду Бухоро ва дигар шањрњои тољикон мушоњида шудааст. Маросими обрезон. Аз даврањои хеле ќадим дар байни мардуми ориёї ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав - Наврўз мардум шустушў намуда, худро поку озода мекарданд. Тибќи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тољик Рўзї Ањмад, сардори оила субњ пеш аз баромадани офтоб ба даст кўза ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рўди об мерафт. Баъди шустушў зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба љањида: «Њар чї дарду бало дорам, об бибар», -мегуфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаву дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалњои рамз­ омезро иљро мекарданд. Мардуми Самарќанди бостонї дар арафаи соли нав ба рўди Обирањмат рафта, занњо дар рўзњои муайян дар љои аз назар пинњони рўд ва мардњо дар љойњои дигари сайргоњ ин суннати аљдодиро ба љо меоварданд. Дар дењањои Рўшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хўрокњои идона соњибхоназан ё мард сањарии барваќт ба чашма барои об меравад. Њамон касе, ки барои оббиёрї меравад, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз он љо то хона ба касе сухан нагўяд. Ў њангоми обгирї ба даруни сатил чанд сангча меандозад, ки ин сангчањо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда, як ќисмашро ба хамир меандозанд ва як ќисми дигарашро барои пухтани боч - навъи хўроке, ки аз каллаву почаи гўсфанд ва рўдањои он бо гандуми нимкўфта ва боќило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш њамаи ањли хонавода кам-кам менўшанд, ки он шугуни нек њисоб мешавад.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ Ойинњои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар контексти љашни Наврўзи мардуми тољик аз даврони бостон ба ѓайр аз корбурди маишї мазмунњои асотириву рамзї њам доштааст. Обро мардум дар ќатори оташу бод ва хок њамчун як унсури муќаддаси табиат, дорои нерўи поккунандаи айбу гуноњњо, нопокињо ва зиштињо медонистанд. Об рамзи њаёти поку беолоиш ва оромиву сулњу субот низ мебошад. Суманакпазї. Суманак навъе аз хўриши наврўзї аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эњёи табиат ва зебоию осоиштагии њаёт ба шумор меравад. Тарзи тањияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тољик чунин буд: Гандумро 3 рўз дар оби љўй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мезад, онро гирифта дар табаќи њамвор мегузоштанд ва рўяшро бо докаи тоза мепўшонданд. Рўзе, ки борон меборид, ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки бояд каси бегона ба он љо надарояд, мегузоштанд. Ваќте ки гандум сабз шуд, бояд њељ кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад. Ё худ дар ваќти пухтан кўшиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба назди дег наояд, зеро пай меѓалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррањои суманак берун мепарид ва рафта-рафта мањсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна њолат мегуфтанд, ки «суманак дар дег намеистад, пай ѓалтидааст, ба он чашми кадом нопок расидааст». Аќидаи дигаре њам буд, ки агар њар касе аз дўстон ё њамсоягон ба назди суманакпазон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то сањар њамроњи онњо бошад. Омадану рафтан иљозат набуд. Одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибќи боварњо, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решањои сабза мисли хун сурх мешудааст, ки онро «сабза вайрон шуд» - гуфта, мепартофтаанд. Рўзи муайяни суманакпазї 3-4 нафар занњои њамсоя бо машварат дар хонаи яке аз њамсоягон љамъ мешуданд. Маъмулан онњо бегоњї љамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзањоро мегузоштанд, онњоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз Ќуръони карим тиловат карда, дар њаќќи Пири Пухта[гар] дуо мехонданд ва сабзањоро мебуриданд. Дар бегоњирўзї сабзањои порашударо ба дег меандохтанд, то чашми каси бегона набинад ва пай наафтад. Баъд занњо ба таги дег оташ меафрўхтанд, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег њафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Онњо дар назди

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

оташ нишаста, барои хобашон набурдан афсонагўї, чистонёбї ва сурудхонї мекарданд. Субњ ваќте ки суманак тайёр шуд, мардумро даъват карда, раќсу бозї мекарданд, духтарон њойпарї ва бачањо гўштингирї менамуданд. Занњову духтарон њам сурудхонї, раќсу бозї ва њазлу хандањо мекарданд. Зеро боваре њаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонї пешвоз гирї, њамон сол пурра ба хуррамию шодї зиндагї хоњї кард. Ба андешаи наврўзшинос Рўзї Ањмад, дар дењаи Ќаратоѓ ва дигар мањалњои водии Њисор тарзи пухтани суманак чунин иљро мешуд: Гандум њамин ки бо оби борон дар муддати 5-6 рўз сабзида, барои ширагирї омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, аввал «Бисмилоњи рањмонир рањим» - гўён онро ба њован меандозад. Сипас хонумњои љавонтари ќавї онро кўфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об мерезад, се бор «Бисмилоњир рањмони рањим» - гўён равѓан меандозад. Дар баъзе дењањо пеш аз шираро ба дег андохтан бо нияти шод гардонидани «арвоњи пирон» чалпак мепухтанд ва нўкча мегузоштанд. Нўкчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурўзон мекарданд. Инчунин пиру пайѓамбарњоро ёдоварї намуда, аз онон кушоиши кор ва мадад металабиданд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро мекофтанд. Њангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месуруданд. Дар аксари мањалњо дар аѓлаб маврид њангоми суманакпазї мардонро ба назди дег роњ намедоданд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак њафт дона чормаѓз ва баъзан њафт сангча меандохтанд, ки он раќам њафт фариштаи њафт табаќаи осмонро ифода мекард. Шаби суманакпазї занњо намехобиданд. Таомњои гуногун пухта, ваќти худро хуш мегузарониданд. Аз аввали шаб то субњ даф зада, раќсу бозї ва таронасарої мекарданд. Рисолаи суманакро кадбону мехонд, дигарон бо таваљљўњи зиёд гўш медоданд. Хонуме аз иштирокгарони маросими суманакпазї бихобад, занњои шўх ба рўю абрўвонаш сиёњии дегро молида, ўро мазоњ мекарданд ва билохир бедораш менамуданд. Пеш аз дамидани субњ оташи дегро хомўш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпўш мепўшониданд. Субњи содиќ њамин ки хонумњо љамъ омаданд, ќадбону «Бисмилоњир рањмони рањим, дасти ман не, дасти азизон» -гўён сарпўши дегро мебардошт, аввал як табаќ барои ањли масљид мекашид ва боќимондаи суманакро ба ањли маросим ва њамсоягону куњансолони табаррук таќсим мекард. Суруди маъруфи занњои суманакпаз, ки њангоми пухтани ин ѓизои рамзии Наврўз бо доиранавозї 17


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ ба тариќи умумї хонда мешавад, дар ин љо зикр мекунем: Суманак дар љўш, мо кафча занем, Дигарон дар хоб, мо дафча занем. Суманак бўи бањор аст, Суманак ављу барор аст, Мелаи шабзиндадор аст, Иди Наврўзї муборак! Суманак дар љўш мо кафча занем, Дигарон дар хоб, мо дафча занем. Суманак ширини ёр аст, Суманак аљаб нигор аст, Суманак зеби бањор аст, Иди Наврўзї муборак! Суманак дар љўш, мо кафча занем, Дигарон дар хоб, мо дафча занем. Хўрокњои наврўзї. Хўрокњои анъанавии нав­ рўзї аслан ѓизоњоеанд, ки аз ѓалладона пухта мешаванд. Дар ноњияи Њисор аз гандуми кўфта, нахўд, лўбиё ва баъзе гиёњњои хуштаъм ба монанди райњон, пудина, шулха, љаъфарї, пиёз ва ѓайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтаќањо далда (Кўлоб), кашк, боч (Бадахшон), куча (дар Панљакент) оши куча (Шањринав) ва ѓайра меноманд. Хўрокњои гандумї рамзи фаровонии соли нав ва ѓизои солимро ифода мекунанд. Бештар зардолуи хушк ё ѓулингро дар оби љўшида тар карда, нўшобаи ѓулингоб тањия мекарданд ва нўшидани онро дар субњи Наврўз савоб медонистанд. Дар даврони ќадим хўрокњои наврўзї асосан аз мањсулоти сафед - хўрокњои аз ширу биринљ тањияшуда, гўшти паранда ва мош иборат буданд. Сайри наврўзї. Дар айёми Наврўз мардум љашни бањорро дар боѓу чаман, лаби чашмаву рўдхонањо, ки бо номњои «идгоњ» ва ё «сайргоњ» маъруф буданд, таљлил мекарданд. Ин гуна идгоњњо дар Самарќанд мавзеи Оби Рањмат, дар Бухоро - Чашмаи Айюб, дар Кўлоб - Тамошотеппа, дар Њисору Хуљанд ва Истаравшану навоњии дигар лаби рўдхонањо ва атрофи чашмањои маъруфу љойњои хушобуњаво интихоб шуда буданд. Дар ноњияи Ашт дар айёми Наврўз занњо дар яке аз боѓњо љамъ омада, суманак ва бо ѓалладона дигар хўрокњои миллї мепазанд. Љавонон бо рубобу дафнавозї ба раќсу бозї машѓул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гўш кардани мусиќї ва тамошои раќси љавонон меоянду бархе дигар ба дарахтон арѓамчин баста, арѓунчаксаворї мекунанд. Аз фур18

сат истифода бурда, бисёр љавонон ба худ арўс мекобанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили љавононро обу адо мекунанд. Дар ин рўз бисёр љавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва њамсарњои ояндаи худро интихоб мекунанд. Калонсолон аз рафтори љавонон огоњ буда, монеъ намешаванд ва баръакс њамин гуна шароитро барои онњо фароњам месозанд. Оштикунонї. Ойини дигаре, ки аз замонњои хеле ќадим анъана шуда омадааст, оштикунонии ќањрињо мебошад. Дар оѓози соли нав набояд касе бо касе ќањрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба њам ќањриро оштї мекунонданд. Ин ойин њоло њам дар байни мардуми Яѓноб роиљ acт. Бозињои варзишї. Як бахши љашни Наврўзро бозињои суннатии варзишї ташкил медињанд. Дар айёми Наврўз мусобиќоти пањлавонон дар намудњои гўштингирї, аспдавонї, пойгањ (давидан), бандкашї, чавгонбозї (дар Яѓноб, Бадахшон) баргузор мегардад, аммо аз њама мусобиќаи маъмултарини наврўзї гўштингирї аст. Дар њамаи дењаю шањрак ва шањрњои калон мусобиќоти наврўзии гўштингирї барпо мегардад. Ќабл аз њама ду мўйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо раќсу чархзанї дар гирди майдон мусобиќаро оѓоз ва љашнро некфол мегардонанд. Ба ѓолибон тўњфањое ба мисли љома, ќолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гўсфанду барзагову асп аз тарафи созмондињандагон - њукуматњои мањаллї ва соњибкорон таќдим карда мешавад. Дар гузашта дар Ќаротегину Дарвоз дар маъракаи гўштингирї пањлавони довталаб ба майдон омада менишаст ва дар табаќе назди ў хўрок мегузоштанд, ки онро «табаќи пањлавонї» меномиданд. Њар нафаре, ки бо ин пањлавон зўрозмої кардан мехост, меомаду дар пањлўи ў нишаста аз табаќи пањлавонї њамроњаш ў таом мехўрд. Сипас мардум ба њар дуяшон дуо дода, ба майдон даъват мекарданд. Дар Кўлоб 15-20 рўз пеш аз Наврўз пањлавонон аз дењањои дурдаст ва навоњии атроф омада, дар хонањои дўстонашон ба машќу тамрин мепардохтанд. Дар ин айём ба зиёрати мазори бузургворон рафта, оёту фотиња мехонданд. Аз пирони ботадбир ва рўњониёни соњибмартаба дуо мегирифтанд. Ба ѓайр аз гўштї дар дењањо мусобиќаву бозињои тухмљанг, хурўсљанг, кабкљанг, чилликандозї, дастхобонї ва монанди инњо барпо мешаванд. Њар касе, ки љонвар ё тухми мурѓаш пирўз шуд, моли маѓлуби њарифро мегирад. Бузкашї як навъи варзишии маъмул буда, дар айёми Наврўз баргузор мешавад. Ин мусобиќа

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ дар байни халќњои гуногуни Осиёи Марказї васеъ пањн гаштаасг. Дар баробари бузкашї бо асп навъи дигари мусобиќа - харкашї ё нарбузкашї низ дар байни мардуми Ќаротегину Дарвоз, Кўлоб, Тавилдара ва ѓайра маъмул буд, ки бештар љавонон ба он майл доштанд. Онњо ба љои буз пўсти онро ё умуман ягон пўсти њайвонро дар бозї истифода мебурданд. Дар баъзе минтаќањо мусобиќаи пиёдакашї низ гузаронида мешуд. Љавонмардони пурќувват ба ду даста таќсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матои 2-3-метраро ба даст оваранд. Навъњои дигари бозињои варзишии наврўзї инњо буданд: сараспа - тирандозон аз болои аспи давон ягон нишони дар њаракатбударо (буз ё мурѓро аз пояш баста, cap медоданд) тирандозї мекарданд. Найзаандозї - дар водии Хуф аз болои аспи давон тухми дар замин бударо бо найза зада мебардоштанд. Инчунин арѓамчинкашї, тирандозї, лаклакбозї, бандпарї, љањидан aз болои арѓамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврўз иљро мешуданд. Таронањои наврўзї. Дар байни мардуми тољик рубоиву сурудњои зиёди наврўзї вуљуд доранд, ки асосан дар айёми Наврўз суруда мешаванд. Яке аз ѓояњои асосии рубоиву таронањои наврўзї ин муќобилгузории фаслњои зимистону бањор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани бањор ва иди Наврўз шодию хуррамї мекунанд, аз ин хотир љашни Наврўз дар таронањои мардумї бо оѓози бањор ва як навъ озодї айният дорад. Ин љо аз рубоињои мардумї якчанд намуна меорем: Наврўз расиду шоду хуррам гаштем. Аз рафтани дай љумла беѓам гаштем. Дидему шунидем сад мењнату ѓам, Охир ба гули бањор њамдам гаштем. Дар рубоии дигар гўянда дар ѓурбату мењнат афтодааст ва бо њасрату ормонњо ёди ёру диёр кардааст: Рўзи Наврўз асту булбул дар чаман, Аз фироќи баргу гул гўяд сухан. Њар сањар мо ёди ёрон мекунем, Синамон сад чок аз бањри Ватан. Дар рубоии дигар гўянда аз ин ки дар замонњои пеш шогирдон ба устодон дар иди Наврўз њадяњо медодаанд, ёдрас шуда, ќадрдонї кардан ва гирифтани дуою њидояти устодро яке аз сабабњои маъруфшавї медонад: Оби рањмат омаду Наврўз шуд, Боѓ сабзу лола дилафрўз шуд. Њар кй аз љон хидмати устоз кард, Ёфт илму дар љањон фирўз шуд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

Љойи дигар гўянда афсўсу дареѓ мехўрад, ки инсонњои фавтида ба мисли гулу гиёњон дар бањор дубора намесабзанд, зинда намешаванд: Иди Наврўз омаду гул бо љамоли нозанин, Сабзаю гулњои олам сар барорад аз замин. Њар гиёње хушк бошад, сабз гардад дар бањор, Њайфи тухмї одамї, њаргиз нарўяд аз замин. Дар бисёр рубоињо зебоињои фасли бањору Наврўзи хуљастафол тавсиф гашта, дар онњо шодию нишоти гўяндагон ва умуман кулли мардум баён шудаанд: Фасли Наврўз омаду сањро њама шуд лолазор, Шодмонї дар дили пиру љавон шуд барќарор. То шавад роњат муяссар мардуми бечораро Бо каланду љуфт дењќон мешавад машѓули кор. * * * Фасли Наврўз аст, айёми бањор, Гул шукуфту гашт олам лолазор. Дашту сањро сабзу хуррам гаштааст, Аз насими соф, њавои беѓубор. * * * Иди Наврўз асту фасли навбањор, Њалќа дар гўш карда, наргис косадор. Сунбулу савсан баромад аз замин, Чењра бикшод њамчу ёри мањљабин. * * * Фасли Наврўз омаду олам њама гулзор шуд, Арсаи офоќро гулњо ба љойи хор шуд. Кўњу сањро гашт рангин, тозарў шуд навбањор, Булбули шўридаро ваќти фиѓони зор шуд. * * * Наврўз шуду гул ба чаман љилвагар омад, Аз муѓчаи њар шох нидои самар омад. Наврўз шуду љумла љањон гашт муаттар, Аз бўи гулу сабзаву райњону санавбар. Наврўзро инчунин дар адабиёти китобї ќариб њамаи шоирони форсу тољик - аз устод Рудакї то шоирони муосири тољик - васфу тасвир кардаанд. Њоло дар Тољикистон таќрибан шоире нест, ки дар мавриди ин љашни зебои ниёгон шеъре нагуфта бошад. Њамин тариќ, Наврўз аз маъруфтарин ва мањбуб­ тарин љашнњои мардуми тољик ва дигар халќњои эронитабор ба шумор меравад. Наврўз - љои вохўрї ва муносибати мардум, љоест, ки њам зану мард ва њам пиру љавон гирд меоянд, шодию хурсандї мекунанд, лаззати эстетикї мебаранд, ёдоварї аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён месозанд. 19


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

Орзуву омоли мардум на танњо ба сурати шифоњї бо хондани суруду тарона ва рубоињо, балки тавассути иљрои амалњои суннатї, расму ойинњо, дар сурати ашё, љонварон, меваю ѓизоњо, рангњо, аносири табиат ва амсоли инњо дар шакли рамз ё самбулњо низ баён мегарданд. Њар як љашну маросими тољикон моломоли рамзу маънињои нуњуфта, розњои таърихию асотирии бостонї ва мазмунњои печидаи њаётї мебошанд. Рамз як навъ баёни иљтимої мебошад, ки дар шаклњои лафзї, хаттї, тасвирї, иљрої ва моддї унсурњои асотирию мазњабї, адабї ва

Дилшод Рањимов, номзади илми филология.

Расми сафедгузинї ва рамзофарї дар замонњои хеле ќадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мўсо ибни Исо ал-Кисравї, шоњони сосонї пагоњии рўзи Наврўз бози сафедеро парвоз медоданд ва субњи Наврўзро бо ошомидани шири навдўшида ва ё хўрдани порае панири тоза оѓоз мекарданд. Ва дар рўзи Наврўз ба шоњ дар обгинаи нуќрагин об мебурданд.

ЉОЙГОЊИ РАМЗЊО ДАР НАВРЎЗИ ТОЉИКОН иљтимоию фарњангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдї интиќол ёфтаанд. Рамзњои ин ё он љашнро аз лињози шакл ва навъу намуд метавон ба гурўњњо табаќабандї кард ва ба таври људогона баррасї намуд.

Сафедї - рамзи покї ва бегуноњї Аз маълумоти гирдовардаи мардумшиносону муаррихон ва пажўњишњои муњаќќиќони фолклор бармеояд, ки дар љашни Наврўз ва ойину суннатњои марбут ба он ранги сафед ањамияти бештар доштааст. Мардуми тољик дар гузашта ранги сафедро рамзи покиву беолоишї, сулњу осоиштагї, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ѓизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тољикон кўшиш менамуданд, ки њар чї бештар ин ранг дар айёми Наврўз ба назар расад. Масалан, њангоми тањвили сол либосњои сафед ба бар мекарданд. Дар рўйи суфраи наврўзї шакар, шир, мост ва хўрокњои аз ширу биринљ тањияшуда мегузоштанд. Аз гўшти љонварон асосан мурѓ ва моњиро рўи дастурхон менињоданд, ки сафедранг њастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санљид њам љойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад. 20

Мо дар бисёр тасвирњои мардумшиносї ва фолклории пажўњишгароне, ки рољеъ ба Наврўз ва расму одатњои марбут ба он китобу маќолањо таълиф кардаанд, шоњиди он мешавем, ки то ба имрўз ранги сафед яке аз муњимтарин рангњои рамзноки ин љашн мебошад. Дар минтаќаи Дарвози Тољикистон дар айёми Наврўз аслан ѓизоњои ширї - ширбиринљ, ширљўш, ширравѓан, шарбат омода мекарданд. Мардум ин хўрокњоро дар хона тањия карда, сипас ба табаќу зарфњо бардошта, ба идгоњ мебурданд ва бо њам тановул мекарданд. Тољикони ноњияи Сўхи вилояти Фарѓонаи Ўзбекистон дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд, њатто ба хонаи њамсоя ва хешу аќрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманаковарда рўймоли сафед баста, ба зарфаш одатан дар иваз орд, ќанд ё тухми мурѓ менињад. Дар Бадахшони Тољикистон дар рўзи Наврўз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, дар ваќти ба хона даромадан шахси воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегўяд: "Шогун бањор муборак!". Ва мизбон дар љавоб: "Бо рўи Шумо муборак!» -гуфта, камтар ордро гирифта, ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

орд рамзи њаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад. Њамин тариќ, ранги сафед ба њайси намоди покию беолоишї ва бегуноњї дар айёми љашни Наврўз мавќеи барљастае дорад. Мардуми эронитабор соли навро бо тани поку либосњои тоза ва ѓизою ашёи рамзии сафед пазирої мекарданд. Аз нигоњи дигар, чун фалсафаи эрониёни ќадим аз муборизаи ду ќувваи мутазод, ду ќутби гуногун, яъне тазоди шабу рўз, некию бадї, гармою сармо ва рамзан сафеду сиёњ иборат буд, таъсири ин консепсия ба намунањои фарњангї ба таври назаррас бозтоб шудааст.

Ифодањои рамзи тандурустї ва шодкомї Орзуи саломатию шодкомї, ширину бофароѓат гузаштани сол, кушоиши кор ва заволнопазирї дар амалњои суннатии наврўзї таљассум ёфтаанд. Мардуми тољик ќабл аз фарорасии соли нав ва лањзањои аввали он баъзе расму одатњоро иљро мекарданд, ки ба тандурустию амният ва хушбахтии онњо дар тўли сол мутааллиќ буданд. То миёнањои асри гузашта мардуми Њисору Ќаратоѓ, Истаравшану Хуљанд ва Самарќанду Бухоро ва дигар љойњо пеш аз Наврўз косаю табаќ, кўза ва дигар зарфњои лабшикаставу сирпаридаро шикаста мепартофтанд, ки он як одати ќадимии зардуштиён буд. Ин ойин чунин маънї дошт, ки њамаи чизњои шикаста бо соли кўњна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд. Инчунин бо маќсади тандурустї дар чоршанбеи охири сол маросими чоршанбеи охи­ рин гузаронида мешуд. Дар чоррања ё кўча ва ё боѓњо се гулхани начандон калон афрўхта, хурду калон аз болояш мељањиданд ва ба оташ мурољиат карда мегуфтанд: «Ранљурию ранги зарди ман азони ту, сурхию хуррамии ту азони ман!». Бо иљрои ин амал онњо бовар доштанд, ки то соли нави оянда тандуруст хоњанд буд. Мувофиќи бовари дигар, њар нафаре, ки аз болои оташ љањида гузарад, гуноњњояш мерехтаанд. Инчунин дар шањру дењоти Мовароуннањр дар арафаи Наврўз ба њамдигар гул таќдим «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинї мечашониданд, ки љумлагї бо орзуи саломатию хушрўзї ва шодмонињо амалї мегаштанд. Бо иљрои ин амалњо мардум ќабл аз фарорасии соли нав на танњо хонаву дар ва ашёву анљоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошї ва аз оташ љањидаи рўњан худро тозаву озода менамуданд. Дар Бухорои шариф уламои дин як њафта ќабл аз вуруди Наврўз дар коѓаз бо заъфарон «Њафтсалом» навишта, ба мардум медоданд. «Њафтсалом» аз оёти ќуръоние иборат буд, ки дар он саломњо бар Нўњ (а), Мўсо (а), Илёси набї (а) ва дигар паёмбарон зикр шуда буданд. «Њафтсалом»-ро рўзи Наврўз дар ѓулингоб ё оби тоза тap карда, оби онро ањли оила менўшиданд. Тибќи аќоиди мардум, ин мањлул хусусияти шифої дошта, касро аз нохушї ва беморињо наљот медодааст. Њамин тариќ, мардуми тољик соли навро бо хонаву дари тамизу ботартиб, либосњои тоза ва рўњу андешаи пок пазирої мекарданд.

Рамзи баракату фаровонї Чун Наврўз пешонаи фасли бањор аст, мардуми кўњистон асосан дар айёми Наврўз шурўь ба корњои кишоварзї ва зироаткорї мекарданд. Дар аксари навоњии Тољикистон ва шањру вилоёти тољикнишини Ўзбекистон то дањсолањои наздик дар айёми Наврўз маросими љуфтбаророн барпо мешуд. Дар рўзи љуфтбаророн дењќонон аввал дар хонае љамъ омада, зиёфате ороста бо њам медиданд, сипас аз Ќуръони шариф сурањо ќироат мекарданд ва ба њаќќи Бобои Дењќон ва арвоњи гузаштагон дуою фотиња мехонданд. Баъдан онњо барзагову олоти љуфтрониро ба сањро, ба мавзеи киштукор бароварда, ба шохи барзаговњо равѓани заѓир мемолиданд ва ба сару бадани говњо орд мепошиданд, ки разми баракату фаровонии њосил мебошад. Рамзи баракату фаровонї дар шаклњои мухталиф дар фарњанги мардуми тољик мунъакис гаштааст. Тавре ки пажўњишгар Нисор Шакармамадов дар китоби «Наврўзи Бадахшон» овардааст, «соњибхоназан ё марди кадхудо субњгоњон ба чашма барои об меравад. Ў бояд аз хона то сари чашма ё рўд ва аз он љо то 21


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

хона бо касе сухан нагўяд. Ў њангоми обгирї аз чашма чанд сангчаро гирифта, ба даруни сатил меандозад, ки ин сангчањо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Чун ба хона расид, сангчањоро њамроњи як даста сабзае, ки аз атрофи чашма чидааст, аз равзанаи бом ба даруни хона (пойгањ) меандозад. Сангрезањо ва сабзаро пас аз се рўз аз пойгањи хона чида, онњоро дар зери дарахти калону сершох мегузорад. Ин расми ќадим орзуи мардумро аз ояндаи неку фархунда ва бофайзу баракатшавии корњо бозгўї мекунад». Чунин сангчањоро, ки миќдорашон њафт адад аст, занњои тољик њангоми пухтани ѓизои наврўзї - суманак ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонї ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр љойњо ба деги суманак ба љои сангчањо 7 дона чормаѓз меандозанд. Рўзи Наврўз дар бисёр манотиќи тољик­ нишин дегњоро пур карда, оши палав ва гандумкуча мепухтанд ва бо ин амал орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурї ва файзу баракат бошад.

Рамзи эњёи табиат ва сарсабзию хуррамї Мувофиќи ривоятњо ва асотири халќњои гуногун, Худованд офариниши љањонро дар оѓози бањор, яъне дар айёми Наврўз шурўъ кардааст. Офаридгор оламро бар пояи аќлу мантиќ дар фасли нахустини табиат халќ намудааст, на дар ягон анбўњи тираву тор, на дар сармову тўфони зимистон, на дар тобис­ тони сўзон ва на дар тирамоњи пур аз хазону гиёњони пажмурда. Балки бегумон бо рўшноии фаровон, бо фурўѓи њаётбахши хуршед, бо сабзаву гулњои тарабафзои бањорї ба љунбишњо ва рўишњо оѓоз бахшидааст. Дар расму ойин ва боварњои мардуми то­ љик фарорасии бањор, зиндашавии табиат ва оѓози кишту кори дењќон дар шаклњои гуногун таљассум ёфтаанд. Сабзаи љав ва ё гандум, ки зинатбахши суфраи «њафт син» ва масолењи асосии суманак аст, дар асл рамзи эњёи табиат ва зебоию осоиштагии њаёт мебошад. Дар рустоњои водии Яѓноб субњи Наврўз сабзаи суманакро њафт духтар дар табаќњо гирифта болои cap мегу22

зоранд ва ба мањалли пазандагон мебаранд ва то пухта расидани суманак ва дигар ѓизоњои идона ба пазандагон кўмак мерасонанд. Ба ѓайр аз сабза шохчањои дарахтони гуногун низ аз зиндашавии табиат дарак медињанд. Чунончи, дар Бадахшони Тољикистон дар рўзи Наврўз мардум њангоме ба хонаи якдигар мераванд, шохчаи тару тозаи бедро ба даст мегиранд. Дар водии Вахони ноњияи Ишкошим дар айёми Наврўз аз пўсти тозаи бед занљиракњо месозанд, ки номи онро калаколок меноманд ва дар вассаву болорњо ва шифти хона меовезанд. Онњо дар шифти хона то иди ояндаи шудгори бањорї мемонанд. Расми дигари марбут ба шохаи тари бед дар байни духтарони навоњии мухталифи Тољикистон ва манотиќи тољикнишини Ўзбе­ кистон маъмул аст, ки мањз дар шабу рўзи фарорасии Наврўз иљро мешавад. Ваќте ки занону духтарон ва махсусан, наварўсон ба идгоњ мерафтанд, аз пўсти навдаи бед ба шакли силсила кокул месохтанд ва њамчун ороиш ба мўяшон њамроњ мекарданд. Дарозии њар як силсила 30-40 см буд. Њамчунин дар Самарќанду Бухоро, Фар­ ѓона, Хуљанду Истаравшан, Исфара, водии Њисор ва дигар љойњо аз навдаи беду пўсти он чамбаракњои салламонанд месохтанд ва онњоро бо гулњои бањорї зинат медоданд. Дар водии Сўхи Ўзбекистон духтарон кокулњоро аз пўсти навдаи маљнунбед тайёр мекарданд ва бо иловаи чамбараке ба cap мегузоштанд. Шумораи кокулњо бисёр мешуд ва то ба чил адад мерасид. Њамин тариќ, рамзи эњёи табиат ва сарсабзию хуррамї низ дар фарњанги мардуми тољик мавќеи муњим дошта, дар шаклу намудњои гуногун зоњир мегардад. Дар айёми љашни Наврўз расму ойинњои мармузу пурасрор хеле зиёданд, ки ин љашнро боз њам зебову шукўњманд мегардонанд. Тањ­ ќиќ ва ошкор кардани ин рамзу розњо моро ба сўйи дарки воќеият ва моњияти аслии Наврўз бурда, ба масъалањои муносибати инсону табиат ва манбањои зебопарастии мардум дар фарњанги мардуми эронитабор равшанї меандозад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

«ЊАФТ СИН» ДУРУСТ ACT Ё «ЊАФТ ШИН»?

Дар айёми љашни Наврўз дар саросари љумњурї, ба хусус, муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, касбї ва олї дар баробари пазироии соли нави таќвимии суннатї мањфилу маъракањои хурсандї барпо мекунанд. Яке аз унсурњои љашни Наврўз орос­ тани суфраи «њафт шин» ё

нанди инњо, дар хони «њафт шин» шакароб, шоколад ва он чизњое мегузоштанд, ки ба њељ анъана рост намеояд. Бинобар ин, мо дар ин маќола хостем, ки ба воќеияти суфраи идонаи «њафт син» ва таъриху рамзњои он равшанї андозем. Оростани хони наврўзии «њафт син» аз суннати бос­

«њафт син» мебошад, ки дар бисёр базмгоњњо барои намоиш гузошта мешавад. Мо дар солњои ќаблї шоњиди он будем, ки донишљўёну мактаббачагон ба суфраи мазкур њар ѓизое, ки номаш бо њарфњои «с» ва «ш» оѓоз мешавад, менињоданд. Дар суфраи «њафт син» баъзан сабзї (зардак), сок (нўшоба) ва мо-

тонии эрониён аст. Ба хони «њафт син» 7 ашёи бо њарфи арабии «син» шурўъшаванда сабза, сир, себ, суманак, санљид, сипанд ва сирко нињода мешаванд. Баъзењо сумоќро низ ба он илова мекунанд. Тибќи аќидаи муњаќќиќон ба хони «њафт шин» 7 неъмате гузошта мешуд, ки номи онњо бо њарфи арабии «шин»

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

оѓоз мегарданд - шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шањд. Баъзењо шояро ба он ба ивази яке аз аносир ном мебаранд. Аммо «шоя» чист, хатто худашон шарњ надодаанд (Дар «Фарњанги забони тољикї» пайдо нашуд). Донишмандону фарњанг­ шиносон кўшиш кардаанд, ки рамзи њар яке аз ин ашё ва неъматњои та­биатро шарњ дињанд ва ало­ ќаи мардумро ба онњо маънидод кунанд. Масалан, шир рамзи сапедии њаёт, рамзи покї, сул­њ у осоиш, сабза - намоди хур­рамию сарсабзии табиат, себу санљиду сир - ѓизоњои солим ва њоказо. Мувофиќи ри­в оятњо гўё ќабл аз зуњури ди­ни ислом дар айёми Наврўз нињодани суфраи «њафт шин» маъмул будааст ва пас аз љорї шудани дини ислом, азбаски шароб дар шариати исломї мамнўъ аст, анъанаи хони «њафт шин»-ро ба «њафт син» табдил додаанд. Бояд гуфт, ки ин як ривояти бофтаи авомонаи дањсолањои охир аст ва аз беху бунаш 23


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

ѓалат мебошад. Якум, ин ки рољеъ ба суфраи «њафт шин» ва ё «њафт син» дар ягон сарчашмаи таърихї маълумоти даќиќ ва собиткунанда вуљуд надорад. Ќитьаи зерин, ки баъзе муаллифон њамчун далел меоранд, ќадимї набуда, ба ягон шоири асри XX мутааллиќ аст: Љашни Наврўз аз замони каён, Менињоданд мардуми Эрон. Шањду ширу шаробу шаккари ноб, Шамъу шамшоду шоя андар хон. Аз тарафи дигар, калимањои «шамъ», «шароб» ва «шарбат» њар се арабї мебошанд ва то тасаллути арабњо ин калимањо дар байни эрониён роиљ набуданд. Эрониён шаробро «май» ва «бода» меномиданд, шамъро «чароѓ» мегуфтанд. Њатго њарфи «шин» њам арабї аст. Таъбири «њафт син» пас аз куљо сарчашма мегирад? Ин расм дар оѓоз таќрибан чунин буда, ки дар њафт табаќ хўришу ашёи рамзї гирифта, дар суфраи наврўзї мегузоштаанд. Шумораи «њафт» дар фарњанги мардуми эронитабор муќаддас ва серистеъмол аст. Доир ба пайдоиши он ривоятњои гуногун мављуданд, аммо андешаи ба њаќиќат наз­ диктар дар мавриди «њафт син» ин аст, ки адади њафт аз љамьи Ањура Маздо ва шаш амшоспандон - эзадон ё фариштањои соњибмаќоми пантеони зардушгї ба вуљуд омадааст. Мањз дар айёми Наврўз барои ин њафт нафар дар њафт табаќ ѓизову ашёи рамзї гирифта дар суфра мегузоштанд. Масалан, дар 24

як табаќча тухми мурѓ мегузоштанд, ки рамзи офариниш буда, намоди Ањура Маздо ба шумор мерафт. Дар косае шир мегирифтанд ва он ифодакунандаи покманишї ва бегуноњї, марбут ба эзади Бањман буд. Табаќи сабзаро ба хотири эзади Урдибињишт, ки нигањбони гиёњу марѓзорон буд, менињоданд. Ё худ барои Шањривар, ки эзади ни­ гањбону њомии маъдану филизот буд, дар табаќе чанд сиккаи нуќрагин мегузоштанд. Испандро намоде аз спандармад (исфанд) мешумурданд ва ѓайра. Эрониён табаќро «сини» меноманд, ки муарраби «чи­ нї» аст, яъне лаълие, ки аз Чин овардаанд, ё ба тарзи чинї сохта шудааст. Ба гумони аѓлаб, таъбири «њафт син» бояд аз њамин њафт синї, яъне њафт табаќ гирифта шуда бошад. Ибораи «њафт шин» ва гузоштани неъматњо бо њарфи «ш» баъдтар дар пайравии «њафт син» ба вуљуд омадааст. Дар Эрони ќадим суфрањои наврўзї ва њадяњои рамзї аз ашёву неъматњои гуногун иборат будаанд. Чуноне ки Умари Хайём тасвир мекунад, ба назди шоњони сосонї нахуст мўбади мўбадон бо тўњфањои рамзнок даромада, ўро ба фарорасии соли нав муборакбод мегуфт. Хайём дар «Наврўзнома» овардааст, ки «ойини мулуки Аљам аз гоњи Кайхусрав то ба рўзгори Яздигурди шањриёр, ки охири мулуки Аљам буд, чунон будааст, ки рўзи Наврўз нахуст кас аз мардумони бегона мўбади мўбадон пеши малик омадї бо љоми зарини пурмай ва

ангуштарї ва дираму динори хусравонї ва як даста њавиди сабзи руста (љави сабзи тоза­ руста) ва шамшере ва тиру камон ва давоту ќалам ва аспе ва бозе ва ѓуломе хубрўй ва ситоиш намудию ниёиш кардї ўро ба забони порсї ба иборати эшон. Чун мўбади мўбадон аз офарин бипардохтї, пас бузургони давлат дар-омадандї ва хидматњояш овардандї». Бояд гуфт, ки шумораи њафт њамчун миќдори муќар­ рарии ашё ва ё ѓизо дар аксари суфрањои наврўзї намудор мешуд. Дар Эрони бостон ќабл аз фаро расидани Наврўз ба истиќболи ин ойини бузурги миллї суфраи наврўзии худ­ ро бо њафт гулу гиёњ ва сабза, њафт хўша ё дона аз њубубиёти мухталиф, як тикка ќанд, њафт сиккаи сафеди нуќра, як шохаи гули судоб, дар дохили њафт табаки сафолии сафед, ки ба тарзи зебое чида шуда, бо њафт шоха аз дарахтони анор, бињї, чормаѓз, бодом, булут, зайтун ва себ тазйин менамуданд. Њар хонаводаи эронї му­ вофиќи имконияти молї ва салиќаи шахсии худ њафт сик­каи тилло, шамъ, миќдоре шири тозадўшидашуда, нони кўмоч, њафт кулчаи тањияшуда аз бодому чормаѓз ва кунљид, тухм, асал ва њафт љоми сафед, ки дохили њар яке ширу асалу об ва чанд ќатра гулоб рехта шуда буд, дар сари суфраи идона ќарор медоданд. Имрўзњо дар Љумхурии Ис­ломии Эрон дар суфраи наврўзї ойина, тухми рангкардашудаи мурѓ, сабза, дар зарфи обдоре моњии зарин, гули сумбул, себ, дар табаќе

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

маѓзу мавиз (ољил) ва китоби Ќуръони маљидро мегузоранд, ки њар яке рамзу маънии худро дорад. Њарчанд онњо суфраи «њафт син» меноманд, аммо номи ашёи мазкур бо њарфњои гуногун оѓоз мешаванд. Дар асрњои гузашта дар байни мардуми тољик дар айёми Наврўз дар дастурхони идона гузоштани њафт мева маъмул буд. Тавре ки куњан­солон наќл мекунанд, то солњои панљоњуми асри ХХ дар дењоту шањрњои тољик­ нишин дар љашни Наврўз дастурхони наврўзиро бо ѓи­ зоњои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисёр хонаводањо дар табаќњо њафт навъи мева мегузоштанд. Ба дастурхони њафтмева инњо дохил мешуданд: анор, себ, нок, ангур, чормаѓз, бодом ва ѓулинг ё зар­долуи хушк. Баъзењо муво­ фиќи имконашон ба љойи баъзе аз инњо мевањои дигарро ба мисли пиставу тутмавиз ва ѓайра мегузоштанд. Барои онњо муњим набуд, ки номи кадом мева бо кадом њарф шурўъ мешавад ва мањз мевањои муайянро интихоб намекарданд. Њар хонадон мувофиќи имкону шароит суфраи идона меорост. Дар хонаи шахсони доро њафт навъи таом рўйи хони наврўзї гузошта мешуд. Аз нўшокихо ѓулингоб хеле маъмул буд ва имрўзњо низ он аз нўшокињои барои тандурустї хеле ќавї ва судманди дастурхони тољикон аст. Дар дењаи Хуљилдиёри Бо­ лои ноњияи Њисор ба муносибати Соли Нав нўшобаи «њафтмева» тањия мекарданд. Дар он ѓулинг, олуча, олуи

хушк, мавиз, шафтолуќоќ, яъне њафт меваи хушкро шус­ та, тар карда мемонданд. Ин «њафтмева» яке аз нўшокињои дастурхони солинавї буд. Мардуми тољик дар гузашта ранги сафедро њамчун рамзи покиву беолоишї, сулњу осоиштагї, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ѓизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Онњо кўшиш менамуданд, ки њар чї бештар ин ранг дар айёми Наврўз ба назарњо расад. Масалан, њангоми тањвили сол либосњои сафед ба бар мекарданд. Дар рўйи суфраи наврўзї илова ба њафт мева шакар, шир, љурѓот ва хўрокњои аз ширу биринљ тањияшуда мегузоштанд. Аз гўшти љонварон асосан мурѓ ва моњиро рўи дастурхон менињоданд, ки сафедранг њастанд. Инчунин дар суфраи идона себу сир ва санљид њам љойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад. Хўрокњои анъанавии нав­ рўзии тољикон аслан таом­ њоеанд, ки аз ѓалладона пухта мешаванд. Дар ноњияи Њисор аз гандуми кўфта, нахўд, лўбиё ва баъзе гиёњњои хуштаъм ба монаиди райњон, пудина, шулха, љаъфарї, пиёз ва ѓайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтаќањо далда (Кўлоб), кашк (Яѓноб), боч (Бадахшон) ва гўча (дар Панљакент) меноманд. Хўрок­ њои ѓаллагї рамзи фаровонии соли нав ва ѓизои солим мебошанд. Дар дењаи Чиптўраи но­ њияи Шањринави имрўза дас­т урхони њафтмева меоростанд. Мардуми он њанўз

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

дар фасли тирамоњ барои Наврўз кадуњои солимро дар љойњои хунук нигоњ медоштанд. Њамин ки сол нав шуд, дегњоро пур карда, ширкаду мепухтанд. Ширкадуро «меваи бињиштї» гуфта, дар иди Соли Нав мехўрданд. Њамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки дар замонњои хеле ќадим дар баробари ќурбоникуниву пешкашњо ба худоёну фариштагон эрониёни бостон айёми зиндашавии табиат ва фарорасии бањор Наврўзро љашн гирифта, тавассути рамзњо орзуву омоли худро ифода мекарданд, аз эзадон кўмаку хушбахтиро умедвор мешуданд. Дар ибтидо дар њафт табаќ нињодани ашё ва ё дар њар табаќ гузоштани њафт адад неъмат расм шуда будааст. Дар асрњои миёна дар фарњанги мардуми Эрон таъбири «њафт синї», яъне њафт табаќ пайдо мешавад. Сипас баъзењо ба кўтоњї онро «њафт син» мегуфтаанд ва фикр мекарданд, сабзаву сикка, сиру себ, санљидро, ки ба њарфи син оѓоз мешаванд, «њафт син» номидан бењтар аст. Баъдњо ба дунболи «њафт син» доноён суфраи «њафт шин»-ро дуруст карданд. Пас аз мурури дањсолањо суфраи «њафт мим» ба вуљуд омад. (Ба «њафт мим» мост, май, моњї, майгу, мавиз, мурўд ва мушкро нисбат медоданд). Дар байни мардуми тољик аз замонњои ќадим дар айёми Наврўз кушодани дастурхони «њафт мева», тањияи хўрокњои ширї, мањсулоти сафедранг ва таоми бањорї - гандумкўча маъмул будааст ва њоло њам ин анъана идома дорад. 25


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

Усулан љашнњо бахши муњиме аз њувийяти миллї ва ё динии њар миллатеро ташкил медињанд ва њар маросиме баёнгари алоќањо, салиќањо ва фарњанги миллат ва тааллуќоти ќавмии он ба шумор меравад. Љашнњои имрўза дар байни ќавмњои гуногун баргузор мешавад ва ин љашнњо дар њар нуќта ва минтаќае аз замин бо нуќоти дигаре фарќ доранд ва дар сурате, ки маросиме њаракати худро аз як ќолаби миллї ва минтаќае оѓоз ва ба намоди байналмилалї табдил шавад, метавон далели онро вуљуди арзишњои муштараки инсонї дар он донист, ки инъикоскунандаи фитрати инсонњо ва тамоюли онњо барои дар канори њам зистан ва сулњ аст. Иди Наврўз ва љашни соли нави шамсї яке аз љашнњои муњим дар байни мардуми эронинажод аст. Ин љашн, ки бо оѓози фасли бањор ва бедории табиат оѓоз мешавад, њамон њаракатест, ки аз як фарњанги миллї сарчашма гирифта ва дар њоли табдил шудан ба як намоди љањонї аст. Ин масъала то он он љое ањамият дорад, ки Созмони Милали Муттањид барои сабти иди Наврўз ба унвони як рўзи љањонї онро ба назарсанљї гузошт. Хушбахтона, дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар љаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттањид, тањти фасли 49, ки унвони "Фарњанги љањон”-ро дорад, ќарорномаи "Рўзи љањонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешнињоди кишварњои Тољикистон, Эрон, Афѓонистон, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасї ќарор ёфтааст. Дар ќарорнома гуфта мешавад, ки њамасола дар тамоми љањон 21-уми март њамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таљлил гардад.

Таърихчаи Наврўз Манша ва замони пайдоиши Наврўз ба дурустї маълум нест. Аммо ин љашн таърихи беш аз сењазорсола дорад ва ќадимитарин ойини миллї дар дунё ба шумор меравад. Дар бархе аз матнњои куњан, аз љумла, «Шоњнома»-и Фирдавсї ва «Таърихи Табарї» Љамшед ва дар баъзе дигар аз матнњо Каюмарс ба унвони поягузори Наврўз муаррифї шудааст. Абъоди Наврўз дар «Шоњнома» ба ин сурат ривоят шудааст, ки Љамшед дар њоли гузаштан аз 26

Наврўз ДАР ФАРЊАНГИ УМУМИИ МИНТАЌАИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ Озарбойљон дастур дод, то дар он љо барои ў тахте бигузоранд ва худаш бо тољи зарин бар рўи тахт нишаст. Бо расидани нури хуршед ба тољи зарини ў љањон мунаввар шуд ва мардум шодмонї карданд ва он рўзро рўзи нав номиданд. Бархе аз ривоятњои таърихї оѓози Наврўзро ба бобулиён нисбат медињанд. Бар тибќи ин ривоятњо, ривољи Наврўз дар Эрон ба соли 538-и ќабл аз мелод, яъне замони њамлаи Куруш ба Бобул бозмегардад. Њамчунин дар бархе аз ривоятњо аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврўз ном бурда шудааст. Ин маќола бар он аст, то ба баррасии баргузории ин маросим дар Осиёи Марказї бипардозад, ки њамроњ бо чашмандозе ба љањонї шудани ин одобу русуми куњани эронї аст.

Маросими Наврўз дар Тољикистон Љашни Наврўз барои мардуми Тољикистон, ба вежа, бадахшониёни Тољикистон љашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи дўстї ва зинда шудани кулли мављудот ёд мекунанд ва ба номи "Хидираём", яъне љашни бузург маъруф аст. Маросими иди Наврўз дар Тољикистон аз 21-уми март шурўъ мешавад ва ба муддати чор рўз дар Тољикистон љашн баргузор мешавад. Бештари пажўњишгарон бар ин назаранд, ки њарчанд таљлили Наврўз дар даврони шўравии пешин дар Тољикистон мамнўъ буд, он комилан аз миён нарафт, балки дар байни сокинони манотиќи мухталифи кишвар Наврўз ба унвони љашни покї ва оѓози соли нав љойгоњи вежае касб кард ва мардум тавонистанд Наврўзро ба «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

унвони бахше аз фарњанг ва мероси ниёгони худ то ба имрўз њифз кунанд. Мањмуд Икромї - пажўњишгари эронї дар ин бора мегўяд: "Тољикистон њудуди 70 сол зери њукумате буд, ки саъй дошт, то ойинњо ва равишњои миллии ин кишварро заиф кунад. Вале мардуми тољик аз Наврўз ба унвони соли нав таљлил мекарданд". "Љашни Наврўз имрўз табдил ба љашни миллї шудааст. Зеро дар гузашта як суннати муштараки таљлил аз Наврўз миёни мар­думи ориёї ву­ људ дошт. Дар То­ љикистон, Эрон ва Афѓонистон вежа­ гињои мањаллии таљ­ лили Наврўз вуљуд дошт ва њанўз њам роиљ аст. Ойин ва суннатњоро бояд эњё кард ва тамоми ин суннатњоро дар як суннати муштарак барои таљлил аз Наврўз омода кард, то маросими таъ­рихии таљлил аз Нав­рўз ба вуљуд биёяд.

Бархе аз маросимњои наврўзї дар Тољикистон Пеш аз фаро расидани Наврўз кўдакони Тољикистон ба баргузории маросими гул­ гардонї ба дигарон пайѓом мерасонанд. Ин маросим як њафта ќабл аз Наврўз, яъне дар аввалњои дањаи моњи март аз сўи гурўњњое аз кўдакон, ки дар даст гулњои сияњгўш, бойчечак ё наврўзї доранд, иљро мешавад. Ин кўдакон ба њар манзили маскунї наздик шуда ва бо ќироати шеърњо фасли бањорро ба соњибони он хонадон шодбош мегўянд. Дар посух ба табрикоти кўдакон соњибони хонањо ба онњо миќдоре гандум, нахўд, наск ва анвои дигар мањсулоти ѓалла ё ширинї медињанд. Ва кўдакон бо љамъ овардани идии худ ин маводро ба манзили яке аз дўстон мебаранд «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ва соњиби манзил барои онњо ѓизои наврўзї омода мекунад. Оташпарак - аз дигар ойинњои наврўзї аст, ки ба њангоми фаро расидани нахустин рўзи фарвардин, яъне 21-уми март сурат мегирад. Се машъал аз чўби дарахти сарв рўшан мешавад ва мардум, бахусус љавонон ва духтарон, аз болои шўълаи оташ мепаранд, то бад-ин васила кинаву кудурат ва ѓаму дарди худро берун кунанд.

Дар нахустин рўзи Наврўз, ки дар Тољи­ кистон 21-уми март аст, маросими љуфтбаророн сурат мегирад ва ба ин далел аз Наврўз ба унвони иди бањор ва оѓози кишту кор барои кишоварзон ном мебаранд. Гулгашт, сайругашт дар боѓњои истироњатї, харид, баргузории маросими фарњангї ва гўштингирии мањаллї аз дигар барномањо барои гиромї доштани Наврўз ба шумор мераванд. Мардуми Точикистон дар айёми иди Наврўз хонатаконї мекунанд ва ба расми дерина ќабл аз шурўи ид бонуи хона ваќте ки хуршед ба андозаи як сари найза боло омад, ду љорўбро, ки сурхранг аст ва дар фасли тирамоњ аз кўњ љамъоварї карда, то љашни Наврўз нигоњ доштаанд, дар пеши хона рост мегузорад, чун ранги сурх барои тољикон рамзи некї, 27


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

пирўзї ва баракат аст. Пас аз тулўи комили хуршед њар хонаводае мекўшад њарчи зудтар васоили хонаро ба берун оварда, як порчаи сурхро болои дари вурудии хона биёвезад, ки ин маънии њамон рамзи некї ва хушии айёми солро ифода мекунад. Дохили хонаро мураттаб карда ва бо кушодани дару тиреза ба навъе њавои наврўзї ва бањориро, ки мўътаќиданд омили баракату шодист, вориди хона менамоянд. Дар ин сарзамин пухтани ширинии вежае ва ѓизоњои гуногун љузъи расму русуми ин ид аст. Њамчунин баргузории дигар сайругашт низ дар ин айём ба шодии он меафзояд.

Иди Наврўз дар Ќирѓизистон дар рўзи аввал ё дувуми фарвардинмоњ аст (21 ё 22-юми март). Агар исфанд 29 рўз бошад, аввали фарвардин (21-уми март) ва агар 30 рўз бошад, дар рўзи 2-дуюми фарвардин баргузор мешавад (22-юми март). То ќабл аз фурўпошии шўравии собиќ ин маросим ба дасти фаромўшї супурда шуда буд, вале пас аз фурўпошии шўравї дубора њаёт ёфт ва њарсола бошукўњтар аз соли ќабл баргузор мешавад. Маросими љашни ин рўзро дар шањрњо давлат тадорук мебинад ва дар дењот бузургон ва мўйсафедон дар баргузории он дахолат доранд. Дар шањрњо дар майдонњои бузург ва дар дењањо дар биёбонњои атроф ин љашн баргузор мешавад. Дар Ќирѓизистон дар ин рўз ѓизоњои маъруфи ќирѓизї пухта мешаванд ва ба њозирони љашн ба сурати ройгон дода мешавад. Њамчунин дар ин рўз илова бар љашн баргузории мусобиќањо аз ќабили саворкорї ва ѓайра низ маъруф аст ва ба гунаи назаррас дар ин рўз мусобиќањо дунбол мешаванд ва тўњфањои арзанда ба шахсони баранда дода мешавад.

Наврўз ба нишони эњёи дубораи одобу русуми деринаи мардуми Туркманистон аст. Иди Наврўз дар Туркманистон љашни кишоварзоне аст, ки озуќаи мардумро таъмин мекунанд ва ба њамин далел кишоварзони доманањои кўњи Киптдоѓ ва соњилњои Амўдарё бо азамати хосе Наврўзро љашн мегиранд. Ба эътиќоди мардуми Туркманистон, замоне ки Љамшед ба унвони чањорумин подшоњ бар тахти салтанат нишаст, он рўзро Наврўз номид. Пас аз истиќлоли кишвари Туркманистон бо маќсади эњёи расми деринаи кишвар, ки аз наслњои пеш вуљуд дошт, Наврўзро Соли нав эълом намуданд ва њар сол дар рўзи 21уми март ин рўз љашн гирифта мешавад. Иди Наврўз ба унвони љашни миллї ба расмият шинохта шуд ва акнун њамаи мардум - аз 7 то 70-сола - аз чигунагии маросими ин љашн бохабар њастанд. Юсуф Ќучиќ - муњаќќиќи туркмани эронї, ки солњо дар Туркманистон иќомат доштааст, мегўяд: "Тарљумаи китоби "Наврўзнома"-и Умари Хайём тавассути Нурсињат Байрамсињатов таъсири зиёде дар шинохти љавонон ва нав­ љавонон дар бораи одобу русуми Наврўз дорад. То кунун бахшњои зиёде аз ин китоб ба забони туркманї дар матбуоти Туркманистон чоп шуда ва ин имконро барои хонандагони ин кишвар фароњам кардааст. Мардуми Туркманистон дар ин айём бо пухтани ѓизоњои маъруфи наврўзї ва иљрои бозињои мухталиф тавассути љавонони туркман њолу њавои дигаре ба ин љашн медињанд. Дар ин љашн мусобиќоти мухталифе дар Туркманистон баргузор мешавад, ки метавон ба мусобиќоти аспдавонї, гўштингирї, париш барои гирифтани дастмол аз баландї ишора намуд. Диду боздид аз якдигар дар айёми Наврўз дар миёни мардуми туркман аз љойгоњ ва манзалати хосе бархурдор мебошад.

Наврўз дар Туркманистон

Наврўз дар Ўзбекистон

Дар Туркманистон тибќи расми ќадим ва љадид ду бор љашни Соли нав гирифта мешавад. Яке аз ин љашнњо бо истинод ба таќвими мелодї, ки ба таъйиди Созмони Милал расида, ба унвони љашни байналмилалї (соли нав) шинохта мешавад ва дигаре баргузории иди

Мардуми Ўзбекистон пас аз фурўпошии шў­ равї (соли 1991-и мелодї) ва аз байн раф­тани низоми сотсиалистї, 21-уми марти мелодии њар солро, ки баробар бо аввали фарвардинмоњи шамсист, ба унвони иди Наврўз љашн мегиранд.

Наврўз дар Ќирѓизистон

28

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ТОЉИКИСТОН ВАТАНИ НАВРЎЗ АСТ

Онњо ба мисли дигар кишварњои Осиёи Марказї Наврўзро бо њузур дар боѓњои истироњатї ва марказњои фарњангї ба шодмонї пардохта ва пас аз он бо пўшидани либосњои суннатї ба дидори бузургтарњои худ рафта ва ба якдигар шодбош мегўянд. Ќавмњои гуногун аз ќабили тоторњо, озарињо, русњо ва... низ дар канори ўзбекњо бо баргузории љашнњои суннатии наврўзї љилваи хосе ба ин иди бостонї мебахшанд. Наврўз дар байни ўзбекњо аз хонатаконї оѓоз мегардад. Занону духтарон васоили худро аз хонањо берун бароварда, онро дар офтоб пањн мекунанд, то бўйи офтоби наврўзї ба хонаву кошонаи онњо дамида ва њавои онро гуворо созад. Баъдан њар табаќ ва ё кўза ва косаи шикастаи худро дур андохта, дегњоро аз оби борони бањорї пур мекунанд, ки тамоми сол ризќи хонаводаи онњо фаровон бошад. Онњо аз шираи гандуми навруста ба таври дастаљамъї ва бо суруду тарона суманакњои танўрї мепазанд. Мардуми ўзбек Наврўзро бо гузаштани лаклакњо мешиносанд ва баъзењо фоли паранда мебинанду пешгўї мекунанд. Дар ин рўзњо духтарон ќулфњоро ба шахсони мўътабар ва дорои фарзанди зиёд медињанд, ки бикушоянд, то бахташон кушода гардад. Занњои бефарзанд барои њомила шудан ба лаби оби равон менишинанд ва кулўх дар об меандозанд ва дуо мекунанд. Љавонон дар заминњои чаман гўштингирї мекунанд ва дар бузкашињо ширкат меварзанд. Дар Наврўз нерўе нуњуфтааст, ки њар инсонро бо њар гароиши динї ва миллї бо њамдигар муттањид ва мењрубон мекунад. Профессор Шавкат Усмонов - устоди забони форсии Донишгоњи омўзгории ба номи Низомии Ганљавї мегўяд: "Низоми сотсиалистї мехост таровати Наврўзро аз батни љомеаи Осиёи Марказї бизудояд, аммо бо вуљуди беш аз 70 соли талош аз сўи њизби коммунист ва дахолатњои вањшатноки полисї мардум аз ин анъанаи аљдодии хеш људо нашуданд".

Наврўз дар Ќазоќистон Мардуми Ќазоќистон Наврўзро эътидоли бањорї меноманд ва бар ин боваранд, ки дар ин рўз ситорањои осмонї ба нуќтаи ибтидої «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

мерасанд ва њама љо тоза мешавад ва дар рўи замин шодмонї барќарор мегардад. Њамчунин ќазоќњо мўътаќиданд, ки Наврўз оѓози сол аст ва дар миёни онон иборатњои зебое дар бораи Наврўз вуљуд дорад. Ќазоќњо низ дар иди Наврўз илова бар баргузори маросими куллї дорои маросиме хос ва вежаи ин минтаќа њастанд. Дар шаби соли тањвил соњибхона ду адад шамъ дар болои хонааш рўшан намуда, хонатаконї мекунад. Мардуми ќазоќ бар ин боваранд, ки тамиз будани хона дар оѓози соли нав боис мешавад афроди он хона дучори бемориву бадбахтї нашаванд. Дар иди Наврўз љавонон як аспи саркашро зин карда, арўсакеро, ки сохтаи дасти худашон аст, бо овезаи зангўлае ба гарданаш дар соати 3-и субњ рањо намуда, аз ин тариќ мардумро бедор менамоянд. Арўсак дар њаќиќат намоде аз соли нав аст, ки савор бар асп омадани худро ба њама эълом мекунад. Њамчунин пухтани ѓизои махсуси наврўзї наврўзгужа (ош), ки тањияи он ба маънии худоњофизї бо зимистон ва ѓизоњои зимистонї аст ва њафт навъ моддаи ѓизої тањия мешавад, дар ин айём љузъи ойин ва русуми ин сарзамин мебошад. Наврўз барои ќазоќњо бисёр муќаддас буда, агар дар ин рўз борон ё барф биборад, онро ба фоли нек гирифта ва мўътаќиданд, ки соли хубе пешорў хоњанд дошт. Мусобиќоти маъруфе низ дар ин айём дар Ќазоќистон баргузор мешаванд, ки муњимтарини онњо "ќултузоќ" аст, ки байни гурўњњои мард ва зан баргузор мешавад. Агар баранда занњо бошанд, ќазоќњо мўътаќиданд он соли хуб ва пурбаракате аст. Агар мардњо пирўз шаванд, он сол номусоид хоњад буд. Дар асри Наврўз низ мусобиќаи шеъру шоирї баргузор мешавад. Интихоб, танзим, тањрир ва иловањои Нурбахши ЉАЊОНГИР, Муњаммадљони ШОДЇ, Муњаммадиќболи НЎЪМОНИЁН Дар тањияи маводи бахши «Тољикистон ватани Наврўз аст» аз шабакаи љањонии Интернет истифода шуд. 29


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

Фотењи АБДУЛЛОЊ, адабиётшинос

РЎЗЕ, КИ ЉАЊОН ОФАРИНИШ ЁФТ Абўрайњони Берунї дар «Аттафњим» аз чистии Наврўз пурсиш мекунад ва чунин посух медињад: «Нахустин рўз аст аз фарвардинмоњ ва з-ин љињат рўзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ўст аз ин панљ рўз, њама љашнњо ва шодмонињост». Дар бораи ангезањои пайдоиши ин љашни хуљаставу муборак њикояту ривоятњои мух­талифе вуљуд доранд. Гу­ рўње бар инанд, ки Наврўз дорои решае заминист ва онро ба подшоњии Љамшеди Тањмураси Пешдодї, аз шањ­ риёрони пуриќтидори ањди куњан нисбат медињанд. Абулќосими Фирдавсї дар «Шоњнома» баён мекунад, ки Љамшед дар њафтсад соли шоњаншоњиаш ба мардум гудозиши оњан, созиши љангафзорњо, бофиши пор­ чањои рангбаранг ва дўзиши пероњанро омўхт ва донишу фарњангро дар кишвар густариш дод. Ба навиштаи њакими рў­ шанравони Тўс Љамшед рўзе бар тахт нишаст ва ба мадади девон (яъне љинњо) ба осмон баршуд ва сайр кард ва он рўзро њамчун рўзи нав бузург дошт ва икрому эњтироми Нав­р ўз миёни озодагон ва озо­дазодагон ойин шуд: Љањон анљуман шуд бари тахти ўй, Фурў монда аз фарраи бахти ўй. 30

Ба Љамшед – бар гавњар афшонданд, Мар он рўзро рўзи нав хонданд. Сари соли нав, њурмузи фарвадин, Баросуда аз ранљ тан, дил зи кин. Бузургон ба шодї биёростанд, Маю љому ромишгарон хостанд. Чунин љашни фаррух аз он рўзгор Бимонда аз он хусравон ёдгор. Берунї њам ривояти Фирдавсиро меорад ва њам ривояте нав бар он меафзояд: «Омадааст, ки аввал касе ки ин рўзро ихтиёр кард, Љамшед аз шоњони бостонии Эрон буд, ки бад-ў Љамшед њам мегуфтанд. «Љам» ба маънии моњ ва «шод» ё «шед» нури он бошад». Ба таъкиди ин бузургмарде аз Хоразм, «ањли таърих дар сабаби нињодани ин рўз ихтилоф кардаанд. Аз он љумла гуфта шуда, чун Љамшед дар ин рўз ба салтанат нишаст, онро Наврўз номиданд. Ва дигарон гуфтаанд, дар айёми Тањмурас фирќаи соиба зуњур карданд ва чун Љамшед ба подшоњї нишаст, дини пешинро зинда кард ва аз ин рў оѓози подшоњии ўро љашн гирифтанд». Берунї мехоњад бигўяд, ки дар ањди Тањмурас орёиён ситорапараст буданд ва дар

давраи Љамшед аз нав маздопараст, яъне мувањњид шуданд. Ин ривоятро ба сурати дигартар дар «Фарњанги Дењ­ худо», ки маъхази он маълум нест, мехонем: «Љамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойљон расид, фармуд, тахти гавњарнишоне ба љои баланде рў ба љониби Ховар гузоранд. Ва худ тољи гавњарнишоне бар сар нињода бар он тахт бинишаст. Њамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тољу тахт афтод, фурўѓе дар нињояти рўшаної падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: «Ин рўзи нав аст!» Ва чун ба забони пањлавї шуоъро «шед» гўянд, ўро Љамшед хонданд ва љашни азим карданд ва аз он ин расм пайдо шуд». Аммо Маќдисї, таърихнигори араб бар ривояте дигар истинод мекунад: «Љамшед - подшоњи Пешдодї фармон дод, то барои ў гардунае бисозанд ва бар он нишаст ва бо он дар фазо, њар љо ки мехост, ба гардиш пардохт. Нахустин рўзе, ки вай бар он нишаст, нахустин рўзи фарвардинмоњ буд, ки бо фарру фурўѓи худ ошкор омад ва он рўзро Нав­ рўз хонданд». Берунї дар ривояте дигар низ ойини таљлили Нав­ рўзро ба Љамшед нисбат ме­ дињад, аммо онро марбут ба ањриманкўбї ва баракатёбии ў

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

медонад: «Ањримани гуљаставу нопок хайру баракатро аз мардум дур кард, чандон ки њар чи мехўрданду меошомиданд, серу сероб намешуданд. Бод аз вазиш истод ва борон наборид. Гиёњон хушкиданд ва хушксоливу ќањтї падид омад ва наздик буд љањон нобуд гардад. Пас Љамшед бо фармони Худованд ба ќасди љойгоњи Ањриман дар љануб равон шуд. Муддате дар он љо монд, то хайру баракат бозгашт ва мардум аз бало рањої ёфтанд. Ва Љамшед дар ин њангом ба дунё бозгашт. Дар ин рўз њар гиёње, ки хушк шуда буд, сабз гардид ва мардум гуфтанд: «Инак, рўзи нав!» Ва њар кас аз роњи табаррук ба ин рўз дар ташт љав кошт. Сипас ин расм миёни эрониён пойдор монд, ки дар Наврўз канори хона њафт навъ аз донањо дар њафт сутун бикоранд ва аз рўйидани ин ѓалладонањо ба хубї ва бадии зироат ва њосил пай баранд». «Таърихи Балъамї» ойиншуди таљлили Наврўзро ба додварзиву некигустарии Љам­ш ед иртибот медињад: «Љам­шед донишварон ва анде­ шамандонро гирд кард ва аз эшон пурсид: чист, ки мулкро боќї ва поянда дорад? Гуфтанд: -Дод кардан ва дар миёни халќ некї кардан. Пас Љамшед доду адл густариш дод ва донишмандонро бифармуд: -Ман ба додрасї бинишинам, шумо назди ман биёед, то њар чї дар ў дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам. Ва нахустин рўз ки Љамшед ба додрасї бинишаст, њур­ муздрўз буд аз моњи фарвар-

дин… Пас он рўзро Наврўз ном карданд». Ва аммо Умари Хайём дар «Наврўзнома», агарчи љашн­г ирифти Наврўзро аз Љам­шед медонад, мабдаъ ва маншаи онро таљдиду боззоиши табиат ва баробарии рўзу шаб меангорад: «Сабаби ном нињодани Наврўз аз он будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарўзе рубъе ба аввали даќиќа ба бурљи Њамал ояд ва чун Љамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном нињод ва љашн ойин овард». Шањристонї дар «Алмилал ваннињал» бунёди табиї, заминї ва замонї доштани љашни Наврўзро таъйиду тасдиќ мекунад: «Наврўз ња­мон рўзест, ки хуршед ба бурљи Њамал мерасад. Дар таъйини ин рўз ќавлњои мухталиф аст. Ва феълан ќавли маъруфу машњур он аст, ки Наврўз њамон рўзест, ки хуршед пас аз завол дар аввалин дараљаи бурљи Њамал ќарор мегирад, агар баъд аз заволи зуњр хуршед ба аввалин дараљаи бурљи Њамал бирасад, Наврўз рўзи баъди он хоњад буд». Вале аз сапедадамони таъ­ рихи аќвоми орёигавњар ри­ воятњое низ вуљуд доштаанд, ки тибќи онњо Худованди Ягона ва Фарзона мањз љањонро аз њељ дар Наврўз халќ фармуд, осмонро бо сайёрањову ситорањои бешумораш ба љунбиш оварду густариш дод, офтобро дурахшонид ва заминро устувор сохт. Аз ин нигоњ Наврўз ба унвони рўзи офариниши љањон, ос­ мон, офтоб, замин ва инсон дар назди мардумони гу-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

стураи љуѓрофиёї, сиёсї ва фарњангии Эронзамин аз арзиш ва ањамияти фавќулодате бархурдор будааст. Чунонки аз Берунї дар фавќ наќли ќавл кардем, Наврўз нахустин рўзи фарвардин аст, ки аввали рўзи соли нав аст ва ин рўзро эрониён рўзи офариниши љањон донистаанд. Њар љашн ва ид хоњ мардумист, хоњ миллї, хоњ динист ва хоњ мазњабї фалсафа ва њикмате дорад ва бояд дар ин маврид ба суолњои «чї замоне пайдо шуд», «ба чї њадаф падид омад» ва «чї паёмњое ошкору нињон дорад» љавоб љўем. Наврўз низ аз ин ќоида мустасно нест. Аз дидгоњи ин сў он ри­ воят­њое, ки зуњури љашни Нав­ рўзро ба анвои мухталиф ба Љамшед нисбат медињанд ва ё пайванде байни он ва растохези табиат, ки дар бањор рангу сурат мепазирад, мељўянд, наметавонанд љавњари аслии Наврўз бошанд ва бад ин рўй носањењанд, зеро аввалан њамзамон ривоёте пайдовар њастанд, ки пайдоиши ин љашн­ро бо пайдоиши љањон мур­табит медонанд ва сониян куллияи љашнњои ќавмњои ќадим (хоњ зинда, хоњ мурда), ки аз вањйи илоњї гусаста нашуда бошанд, маншаи осмонї доранд, на мабдаи заминї. Вожаи орёии «љашн» аз «язишн» бархостааст ва маъниаш па­ растишу ибодати Худост ва ниёиш овардан ба даргоњи Ўст. Дар Наврўз ниёгони мо на фаќат дафу чанг мезаданду пой мекўфтанду даст мељунбонданд, то дар оѓўши гарми шодмонї аз ѓаму ѓусса рањої ёбанд, балки боз сар31


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

гарми ибодат мешуданд ва рўшаноиро падид овард… ва заминї баршумурд, балки ин ба Офаридгори хеш наздикї рўзи шашум бо нафхаи Худ шаш рўзи осмонист, ки бо мељустанд. Наќле њаст, ки бар муште аз хок дамид ва рўзи заминї билкул ќиёспазир Анўшервони Додгар сафири Одамро халќ фармуд, то дар нест ва аз марњилањои офаЮстиниан, импиротури Румро рўи Замин кор кунад. (Китоби риниши олам, ки њар кадом дар Наврўз напазируфт, чун Муќаддас. Сафари пайдоиш, рўзи наве дар хилќати илоњї машѓули ибодат буд. Калимаи боби 1, оёти 1-28). ба њисоб омада, бо Наврўзи арабии «ид» њам мўњтавои Дар ояти 3-и сураи Юну- заминї татбиќпазир бошанд, динї дорад ва аз «авдат» аст си Ќуръони Карим мехонем: њикоят мекунанд. Наврўз бос­ ба маънии бозгашт. Чї боз- «Парвардгори шумо Аллоњ тонитарин љашн дар саропои гаште? Бозгашт ба сўи Худо! аст, ки осмонњову заминро таърихи башар ба шумор меоЗеро танњо бозгашт ба сўи дар шаш рўз биёфарид; си- яд ва љашне бо ин пешинаро Худо шодобиву шодмонї, ро- пас ба Арш пардохт; тартиби дар соири ќавмњо наметавон мишу оромиши њамешагиро корњоро аз рўи тадбир бидод». пайдо кард. ба дунбол дорад! Љашни Нав­ Ин калом дар ояи 54-и сураи Беваљњ нест, ки доктор Алии рўз ба дурустї љашни фаро- Аъроф такрор мешавад. Шариатї, ки ваљдолудтарин заминист ва фарозамонї аз Метавон бар пояи ривоятњо ва шўромезтарин гуфтортаърихи осмонии башар сар- ба хулосае омад, ро дар ќаламрави Ориёт, чашма мегирад. мат ас и н а ѓ но дар бораи Наврўз нат. стон мат ас Дар «Авасто-си­ и гули и р н й а ѓ а с виштааст, мегўяд: «Агар ањору хандон , панд» китоби зардуш­ Омад б соли ѓунчаи м сўи бўстон аст. рўзе Худованд љањонро т ви ва ѓанима Базми ида ра тиён омада, ки Ању­ м н а о х њ й и а т а р оѓоз кардааст, мусаллаБо ќом еравї, фшаву ромаздо љањонро дар и буна ѓ берун чї м нимат аст. а р о з ман он рўз ин Наврўз з а шаш рўз офарид ва рўзи Н боѓбон, зи бо ви хиромон ѓа гї барор, будааст. Мусалламан Эй сар девона ба пои нахустини он ба якумин айб ба анимат аст. љ и Будан з р бањор нахустин фасл , бон ѓ ашам ча, са рўзи фарвардин рост омад Эй ѓун ўз чоки гире ан барнамек ст. ва фарвардин нахус­ р а ам ва онро Наврўз ном карЯкчанд уд зи хоки ч хтон ѓанимат в, а х а р тин моњ ва Наврўз р Пањлўи хоби зери да ар љонибе ма т аст. данд. Пас аз ин китоб бара њ я м на­х устин рўзи офаЧун со до, чу бод ба даврон ѓани асафї меояд, ки Наврўз љашни Н и и к й и а , о д д С р и а й й риниш аст». Ин суЭ Са шг офариниши љањон аст! Дар рди хе Бар ги ханест мантиќї, зеро таќвими бостонии зардуштї шаш љашни бостонї бо ки љашни Худованд љањонро бар пояи номи «Гоњанбор» ба чашм Наврўз комилан сарчаш- аќл, мантиќ ва илми комили мехўрад, ки њар як нишоне аз маи осмонї дорад ва рўзи худ халќ фармудааст ва аз рўи даврањои шашгонаи хилќат фавќулодат бузургест ва рўзи мантиќ на бо торикии анбўњ, аст, ки дар интињои соли офариниши љањон, осмон, на бо сармои ќањратун, на хуршедї ќарор дошта ва ба офтоб, замин ва инсон аст, бо барфу тўфони зимистонї, Наврўз поён меёфт. ки ин њама дар шаш рўз халќ на бо гармои майнагудози Хилќати шашрўзаи љањон шуд ва метавон њадс зад ин тобистонї, на бо гиёњони паждар Таврот ва Ќуръон њам њаќиќати яздонї ба Одаму мурдаву дарахтони хазондизикр шудааст. Дар боби яку- Њавво - падару модари кул- даи пойизї, балки бегумон бо ми «Сафари пайдоиш»-и Тав- ли башар ва ё яке аз аъќоби рўшаноии фаровон, бо анвори рот аз таквини олами њастї саршиноси онон илњом шуда њаётбахши хуршед, бо боди зодар шаш рўз ва аз офарини- бошад, вале баъдан бо мурури яндаи фарвардин, бо сабзањои ши Одам, ки нуќтаи камоли айём ин паёмро аксари авло- чашмрабо ва гулњои атрафхилќат ва мўњри поёнии он ди ин ду аз ёд бурданд, магар шони бањорї, ба љунбишњо, рўишњо ва шигифтињои бепоён аст, сухан меравад. Худованд фарзандони Каюмарс. осмонњову заминро офарид Аммо ин шаш рўзро на- оѓозе сутург ва шигарф бахва бо ирода ва каломи Худ бояд ба содалавњї шаш рўзи шидааст! 32

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

Мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, академики Академияи тањсилоти Тољикистон

Ањамияти маърифатию тарбиявии љашни Наврўз Љашни Наврўз барои миллати фарњангдўсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар њамаи давру замон муќаддас буд. Аљдоди мо њатто дар даврањои мушкилтарини таърихї, ки аљнабиён Наврўзи Аљамро мамнўъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва љавобгўи орзуву ормонњои деринаашон бо њар роњу восита њифз менамуданд ва гиромї медоштанд. Эмомалї РАЊМОН Аз ањди бостон ва аз дурињои дур ва аз ќаъри таърих то рўзњои мо љашнњои Наврўз, Мењргон, Сада ва Тиргон мерос мондаанд. Мењргон ба фасли тирамоњ, Сада ба ибтидои фасли зимис­ тон, Тиргон ба ибтидои тобистон ва Наврўз ба арўси сол - бањор рост меояд. Ин љашнњо хоси тољикон буда, њар кадоме шукўњ ва шањомати худро доштанд ва басо тантанавор мегузаштанд. Пас аз соњибистиќлол гаштани Тољикистон дар зиндагии мо рўзњо ва љашнњои 9 сентябр љашни Истиќлол, 6 ноябр - Рўзи Конститутсия, 22 июл - Рўзи забон (њоло 5 октябр), 23 феврал - Рўзи Ќуввањои мусаллањи Тољикистон, 27 июн - Рўзи сулњ ва вањдати миллї ворид гардиданд, ки тантанавор ќайд карда мешаванд. Ва аммо Наврўз шўњрати хосае дошт ва дорад, ки ба муаррифї, шарњу тавзењ зарурат надорад. Наврўз љашни миллист. Њамин кифоя аст, ки онро њама бишносанд, бифањманд, арљ гузоранд. Наврўзро њамасола њама бесаброна интизоранд: чи инсон, чи табиат, чи парандаю чаранда ва замину осмон ва њатто Хуршеду Моњ. Наврўз њељ гоњ пирї надорад, ба тори мўяш сафедї намедамад, лоѓар намешавад. Вай њамеша љавон асту тоза ва њамин тавр мемонад. Наврўз љузъи фарњанги миллати мост. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

Љашни Наврўз бо номи Љамшед алоќаманд аст. Дар њама гуна асарњои илмию таърихї, адабию асотирї омадааст, ки бунёдгузори ин љашни фархунда Љамшед буда. Фирдавсї мефармояд: Љањон анљуман шуд бар тахти ўй, Аз он баршуда фарраи бахти ўй. Ба Љамшед-бар гавњар афшонданд, Map он рўзро рўзи нав хонданд. Њаким Умари Хайём дар "Наврўзнома" ба ин маънї ишора кардааст: «...чун Љамшед он рўз дарёфт, Наврўз ном нињод ва љашн ойин овард ва пас аз он подшоњони дигар мардумон бад-ў иќтидо карданд». Њамин тавр, Наврўз доман пањн мекунад ва ба љашни миллии мо - тољикон мубаддал мегардад. Имрўз Наврўзро мардуми Эрон, Афѓонистон, Покистон, ќисми Њиндустону Чин, кишварњои Осиёи Марказї шукўњмандона љашн мегиранд ва онро азизу арљманд медонанд. Бо дастури Созмони Милали Муттањид аз 18-уми феврали соли 2010 Наврўз ба љашни байналхалќї табдил ёфт. Дигарон Наврўзро бо лањни худ талаффуз кунанд њам, боз њамон Наврўз, яъне рўзи нав аст ва љашни миллии 33


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

мост ва њамаи моро вазифадор мекунад, ки њамасола Наврўзро шукўњи тоза бахшем, нисбат ба дигарон авлотару пурнуфузтар истиќбол бигирем. Бикўшем, ки Наврўз суннатњои миллиашро эњё намуда, ба љашни ягонагї ва вањдати мардуми мо мубаддал гардад. Ифтихори бузург мардуми морост, ки ниёгонамон Нўшервони одил, Рустами Дастон, Исмоили Сомонї, устод Рўдакї, Фирдавсї, Ибни Сино, Носири Хусрав, Фаррухї, Манучењрї, Умари Хайём, Шайх Саъдї, Љалолуддини Румї (Балхї), Њофизи Шерозї, Камоли Хуљандї, Мавлоно Абдурањмони Љомї, Восифї, Бедил, Зебуннисо, Ањмади Дониш, Шоњин, Њољї Њусайни Хатлонї, Садриддин Айнї, Лоњутї, Мирзо Турсунзода, Бобољон Ѓафуров, Носирљон Маъсумї, Мењрубон Назаров, Ќандил Љўраев, Восифи Бохтарї, Тоњири Бадахшї, Ањмадшоњи Масъуд ва њазорњои дигар аз дастурхони наврўзї нон хўрдаанд, дар базми наврўзї хурсандї кардаанд ва бо забони тољикї (форсї, дарї) шеър хондаанд. Ифтихори бузургест, ки яке аз пешвоёни дини ислом Њазрати Алї (а) аз дастархони наврўзї ширинї чашида, таъбире ба забон меорад, ки ин аст: "Наврўз-ул-ана кулла явмин". Яъне: «Њар рўзи моро Наврўз бигардон». Ба хоку табиати бањор вобаста аст Наврўз. Фалсафаи Наврўз на дар он аст, ки љои торикиро рўшанї мегирад, яъне ба ивази зимистон бањор меояд ва на дар он аст, ки сол, рўз нав мешавад, балки дар он аст, ки табиат, тамоми њаёт ва њар чизе ки ба хок меафтад, месабзад, мерўяд, мешукуфад, њосил, тухм медињад ва он тухм (дон) боз ба замин меафтад, мерўяд. Ин фалсафа ба одамї њам тааллуќ дорад: худаш, фарзандаш, наберааш, аберааш, чаберааш њама мерўянд ва бо њамин тухми одамї дар рўи замин меафзояд. Ба ќавли донишманди маъруфи Эрон доктор Шариатї, "...Наврўз достони зебоест, ки дар он табиат, инсон ва љомеа њар се дастандаркоранд. Ва дар он дастандаркорињо дасти инсон болост ва аз он дастони зебо њам меомўзаду њам меомўзонад, њам тарбия мегираду њам тарбия медињад. Зеро Наврўз худ мактабест бузург, таљрибаест бебањо. Пас инсон ва фарзанди он аз ин мактаби бузурги њаёт, аз ин таљрибаи зиндагї чї меомўзад? Одаму одамгарї, ифтихори миллї, муомилаю муносибат, некиву накўкорї, шарму њаё, мењнату мењнатдўстї, хештаншиносию 34

ватандорї, мушоњидаю табиатдўстї, љасурию далерї, зебоию зебоипарастї... Дењќон аз рўзњои аввали њамал (моњи фарвардини сосонї) сари замин меравад, хок бар каф мегирад, мефишорад ва аз дил мегузаронад: "на, њанўз ваќт њаст". Ва ин амал њар рўз такрор мешавад, то ваќте ки худи замин, худи хоки мушкбез ба дењќони заркор нагўяд: Бањор омад, бањор омад, Гули савсан ќатор омад. Ба дењќон ваќти кор омад, Бањори лолазор омад. Гўё хоки кишвари Тољикистон ба хоки Хуросони куњан (Афѓонистони имрўза) маслињат карда бошад, ки он љо низ ин садо баланд мешавад: Бањор омад, бањор омад, Ба дењќон ваќти кор омад, Ба дўстон гул ќатор омад, Бањори нав муборак бод. Њар соату њар рўзи бањор ѓанимат аст бањри дењќон. Ў кишт мекунад, дона мекорад - донаи умед. Ин корро яке 40-50 сол такрор ба такрор анљом медињад, дигаре 50-60 сол. Ва тўли ин солњо фарзандаш, наберааш, аберааш низ њамроњаш аст. Њамроњаш аст, то ба замин, ки ризќу рўзии мардум аз он љост, дил бандад, биомўзад, дилбохтаи мењнат шавад ва аз он рў нагардонад. Бо ќанд гуфтан дањон ширин намешавад. Мењнату мењнатдўстиро бо гуфтан дар замири насли наврас парваридан мумкин нест. Онро бояд дар амал анљом дод. Бигзор дењќони мо бо фарзанд ё наберааш сари замин бошад, мо бармегардем ба рўзњои пеш аз љашни Наврўз. Модарон, бибї ва момоњо дар табаќе гандум мегиранд, нам мекунанд ва дар љои гарм мемонанд. Хурдсолон кунљкованд. Њар рўз гирди табаќ мешинанд, варам кардан, рўидан ва нумўи донањои гандумро бо чашм мебинанд. Мушоњида мекунанд, ки чї тавр сабза медамад ва дар гармї майса мезанад. Модарон медонанд, ки агар майса аз ваќташ гузарад, суманак талхмаза меояд. Бинобар ин тамоми мањсули табаќро дар ваќташ мегиранд ва барои пухтани суманак омода мешаванд. Ин таљрибаи зиндагист. Ку муаллими наботот, ки ин амали савобро ба нафъи таълими фанни худ истифода кунад?! «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


пайки НАВРЎЗИ АЉАМ

Аљаб хусусияте дорад Наврўз! Агар љашнњои дигар "ѓолибан инсонњоро... дар миёни утоќњову зери саќфњо ва пушти дарњои баста љамъ кунанд: кафењо, солунњо, хонањо... дар фазое гарм аз нафт, равшан аз чароѓ, ларзон аз дуд, зебо аз рангу ороста аз гулњои муќавваї, мўмї, бўи кундару атр..., аммо Наврўз дасти мардумро мегирад ва аз зери саќфњо, дарњои баста, фазоњои хафа, лойдеворњои наздики шањру хонањо ба домони озоду бекаронаи табиат мекашонад: гарм аз бањор, равшан аз офтоб, ларзон аз њаяљон, офаринишу офаридан, зебо аз њунармандии боду борон, ороста, бошукўњ, љавона, сабзу муаттар аз: Бўи борон, бўи пунба, бўи хок, Шохаи бишкаста, боронхўрда, пок". Оре, бузургї ва мўњташамии љашни Наврўз њам дар њамин аст, ки он дар домани табиат, дар њавои кушод, лаби љў, рўи сабзаву себарга, зери чатри гардун доир мешавад. Сањарии барваќт одамон ба гўшаи дења (шањр, ноњия) ва ё майдон мераванд, дар њар њавлї дег мемонанд ва ѓизoe мепазанд лазиз. Яке шўрбову оши палав, дигаре угрою мастоба, сеюмї гандумкўчаю оши бурида. Мардум гирди хони наврўзї љамъ меоянд. Њама хурсанд, масрур, либосњои тоза ва нав бар тан. Дар ин рўзњо кинањо аз дилњо шуста мешаванд, машшоќону њофизону раќќосон менавозанду месароянду мераќсанд. Љавонписарону љавондухтарон ба њам дуздида чашмак мезананд. Бисёр воќеъ мешавад, ки чашмањои софу беѓубори ишќу ошиќї аз њамин љашн љўш мезананд ва баъдан оилањо бунёд мегарданд. Одатан чунин оилањо хеле устувор ва то охири умранд, зеро ба он худи табиат асос гузошта, офтоб нур пошидааст. Баъди хўрокњои болаззат кулчањои ширмолу чапотињои коѓазин давра меороянд, гўштї ва бозињои дигар cap мешаванд. Дар ин гуна маъракањо одатан аввал бачагону наврасон давраорої мекунанд ва баъд пањлавонон, ки аз дуру наздик омадаанд, ба майдон мебароянд. Гўштї њам мисли Наврўз умри њазорсолањо дорад. Бисёр пањлавонон чи дар гузашта (Наримони гурд, Сом, Зол, Рустам, Сўњроб, Исфандиёр, Гударз, Тўс, Бањром, Гев, Сиёвуш, Абўсаид...) ва чи имрўз (Азалшоњ, Саидмўъмин, Саидањтам, Таѓоймуроди Ислом, Абдурањмон Зокиров ва дигарон) мањз аз њамин майдонњо ба камол расидаанд. Гўштин варзишест зебо «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ва диданї. Њаракатњои чусту чолок, хаму рост шудан, дасту панљазанї, њаллукпартої, сари китф гирифтан, њаво додан, дар баѓал кашидан ва нињоят пешдастї карда раќибро бо пушт ба замин задан њама ба бинандагон ва хусусан нав­ расону љавонон љањон-љањон лаззати эстетикї мебахшад. Наврасон ќариб њар бегоњ дар майдони канори дењ, ки сабза болои себарга ва себарга болои сабза ѓел мезанад, љамъ меоянд, машќи майдондорию пањлавонї мекунанд. Ном ва корнамоии пањлавонони диловар аз дења ба дења, аз шањр ба шањр, аз вилоят ба вилоят, аз кишвар ба кишвар пањн мешавад. Њамаи суннатњо, аз љумла, љашни Наврўз бо бачањо хуш аст. Онњо ин рўзро бесаброна интизоранд. Модарон чанд рўз пеш барои онњо либосњои нав медўзанд. Оњ, чї тавр мехоњанд, ки он рўз биёяду куртаи нав пўшида кўча бароянд ва ба љўрањояшон намоиш дињанд. Бачањо сўи талу теппањо, пуштањо давида, рўи сабзањои махмалин ѓел мезананд, гулњои бањорї - сияњгўш, бойчечак, гули Наврўз чида, љањонљањон рўњи тоза мегиранд. Табиат бо тамоми зебої ва тароваташ бо мављудоти худ менозад, бачањо низ ќарздор намемонанд: бо табиати нотакрори худ, бо диёри азизи худ, ки мерос аз бобоњост, ифтихор мекунанд. Бале, онњо ба ин хаќ доранд. Абдурањим Писандии Самарќандї ба њамин маънї мефармояд: Фасли Наврўзу навбањор омад, Мавсими сайри лолазор омад, Кўдакони асири мактабро Шоњиди айш дар канор омад. * * *

Фасли Наврўзу бањори соли нав омад кунун, Гул зи гулшан, лола аз кўњсор меояд бурун, Эй падар, устоди моро хизмати шоиста кун, З-он ки ўро дил паи таълими мо гардида хун. Аз ин сатрњо маълум мешавад, ки дар гузашта дар рўзњои љашн, аз љумла, Наврўз падарон устодону омўзгорони фарзандони худро дастгирї мекарданд, ба табрику шодбоши онњо метохтанд. Мо низ дар ин рўзи хуљаста кулли омўзгорон ва шогирдони онњо ва халќи дорои суннатњои фархундаи миллиамонро аз сидќи дил табрик гуфта, аз забони мардум мегўем: Наврўзатон пирўз бод, Њар рўзатон Наврўз бод! 35


ПАЖЎЊИШ

М. ОШИМОВА, корманди Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

НАЌШИ МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ЉОМЕА ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС Сањифањои таърих гувоњї медињанд: миллатњое, ки фаъолиятњои камназир, диловарињои бемисол ва илму њикмати пурифтихорро ба љањониён ба ёдгор гузоштаанд, масъулияти љиддии тарбияи насли наврасро ба дўш гирифта буданд. Онњо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аљдодон хоњад шуд. Эмомалї РАЊМОН Мактаб фарзандони миллатро тарбия мекунад. Бинобар ин ањли љомеа дар тарбияи авлоди кишвар бетараф буда наметавонанд. Барои ба ин масъалаи нињоят муњим, ки поягузори љомеа мебошад, бештар таваљљўњ додани љомеа аз намояндагони мардумї, иттифоќњои касаба сар карда то шўрои занон ва сарварони љои кори падару модарони кўдакон зарур аст. Дар тарбияи солими насли нав­рас вањдат, њамкорї, мадади ѓамхоронаи мактаб, оила ва ањли љомеа баѓоят маќоми муњим дорад. Бањри бунёди чунин такягоњи боэътимод мактаб эњтиёљи зиёд дорад ва мањз мактаб метавонад барои чунин њамкорї заминаи устувор гузорад. Чунин њамкории муштараки мактаб ва ањли оила њанўз аз синфњои ибтидої, аниќтараш, ќабл аз ба мактаб омадани талабагони синфи якум сурат мегирад, лекин афсўс, ки аксарияти омўзгорон ин љињати педагогию психологиро ба назар намегиранд. 36

Муаллиме, ки дар соли нави тањсил бо талабагони синфи якум кор карданї аст, ќабл аз шурўи корњои мактабї бояд бо волидайни њар як кўдак иртибот гирифта, маълумоти зарурї ба даст орад. Вай зимни сўњбат бо волидайн ва мушоњидањо бо шароиту сатњи зиндагии хонандагон шинос шуда, бо кўдак дар тамос мешавад, ба мактаб омадан, мизољ, рафтор, хулќ, захираи луѓавии онњоро тахминї аз санљиш мегузаронад. Агар бача аз кўдакистон ба мактаб ояд, бо мураббии ў њам мусоњиб шуда, завќу шавќи мактабравї, зењну ќобилият, тайёрии таълимии ўро санљида, муайян мекунад. Њамаи ин маълумот барои наќшаи фаъолияти минъбаъдаи ў басо зуруранд. Барои дуруст тарбия кардани бача пеш аз њама майлу хоњиш доштан лозим аст. Омўзгор, ки одами навро тарбия мекунад, пеш аз њама бояд худи ў намуна бошад. Ў бояд дорои дониши амиќ ва соњиби мањорати баланди педагогї буда, касби худ ва бачагонро

дўст дорад. Дар баробари ин вай бояд нисбат ба онњо серталабу ќатъї, устувору сахтгиру боадолат бошад ва фаъолияти бачагонро мушоњида карда тавонад, дар байни онњо обрў ва иззату эътибор дошта бошад. Мактабшиноси маъруф А.С.Макаренко гуфта буд, ки «осонтарин усули алоќаи мактаб бо оила худи хонанда мебошад. Афзалияти ин усул дар он мебошад, ки бача талабњои муаллимро ќабул карда, онњоро дар оила њам љорї месозад. Њар як муаллим ва роњбари синф бояд ба хонаи хонанда рафта, доир ба муњит ва њаёти оилавии ў маълумоти заруриро пайдо кунад». Ин имкониятро барои њарчи бештар мустањкам кардани алоќаи мактаб бо падару модарон ва бо худи хонанда истифода кардан лозим аст. Дар замони муосир хонанда мактабро хатм мекунаду аммо муаллим њељ ваќт ёфта ба хонаи хонанда рафта наметавонад. Барои њамин мактаббачаи њозира фармудањои муаллимро љиддї ќабул на-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ПАЖЎЊИШ

мекунад. Муаллим бошад, инро љиддияте њам намепиндорад, њол он ки ин як принсипи таъсиррасонї ба тарбияи маънавии насли наврас мебошад. Агар муаллимони замони муосир ба хонаи хонанда рафтанї бошанд, фаќат ба маќсади аз болои хонанда шикоят кардану љазо додани ў мераванд, ки ин кори хато мебошад. Омўзгори њаќиќї чунин рафторро ба худ эб намебинад. Муњимтарин шакли алоќаву њамкории мактаб бо оила аз маљлисњои падару модарон иборат аст ва дар ин маљлисњо дар бораи натиљаи пешравию ќафомонї, дилбас­ тагии бачагон аз фанњои гуногун дар маърўзаи роњбари синф тањлилу баррасї карда мешаванд. Маљлисе, ки бо иштироки фаъолонаи падару модарон гузаронида мешавад, хеле шавќовар гузашта, барои њалли мушкилоту масоили педагогии пешомада ёрї мерасонад. Аммо њоло аксаран маљлисњо хушк, рўякї ва бе њељ гуна тайёрии пешакї гузаронида мешаванд. Натиљаи ин гуна маљлисњо аз он иборат мешавад, ки дар нињоди падару модарон барои минбаъд дар маљлису маъракањои мактабї иштирок кардан дигар иштиёќе намемонад. Мактабу оила дар иљрои кори умум - тарбияи насли наврас иттифоќчиёни мустањкаме шуданашон лозим аст. Дар муносибати байни онњо бояд ба њамдигар боваркунї, нигоњ доштани обрўи якдигар барин муомилањо њукмфармо бошанд. Онњо бояд меъёри муомилањои дутарафаи

бењтару хубтареро кор карда бароянд. Агар дурусттар мулоњиза намоем, мебинем, ки ањли љамъият њам аз ин њамкорї манфиати назаррас ба даст меоранд.Тарбияи насли наврас кори басо душвор аст. Онро танњо ба дўши мактаб ё оила вогузорем, муроде њосил нахоњад шуд. Оила њам дар танњої ба тарбия машѓул шавад, натиљаи дилхоњро соњиб шуданаш мушкил аст. Бинобар њамин љараёни мураккаби тарбия мактабу оиларо ба кори якљоя, њамкорї даъват менамояд. Алоќаи мустањками мактабу оила сабаби баланд гардидани самараи таълиму тарбияи насли наврас хоњад шуд. Дар њамон љое, ки њамкории мактаб, оила ва ањли љамъият хуб ба роњ монда шудааст, насли наврас хуб инкишоф меёбад. Агар кўдак дар хонадон гўшаи махсуси дарстайёркунї надошта бошад, онро њатман ташкил кунад, ба волидайни кўдак фањмонад, ки тайёр кардани мизу курсии ба вай мувофиќ ва шароити мусоид зарур аст. Ба волидайн ёдовар шавад, ки паси миз нишаста дарс тайёр кардани насли наврас нисбат дар рўи кўрпача ва кати «бароњат» дароз кашида хондану навиштан авлотар аст. Лањзаи дар курсї нишаста дарс тайёр кардан љараёни хун мўътадил њаракат мекунад, дар акси њол хун (рагњои мўякї)-и чашм аз шиддати фишор пурхун гашта, чашмњо мисли лола сурх мешаванд, яъне аз хоб рафта хондан сар ба дард меояд (ва чизи хондаашро чуќур намефањмад)

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ва чашмњо осеб мебинанд, ки ин боиси бемањал айнакмонии шахс мегардад. Њамаи ин њамкорињо то ба мактаб омадани кўдакон дар назар дошта мешаванд. Баъди ба мактаб омадани кўдакон њамкориву мададрасонии тарафайн - мактабу оила ранги дигар мегирад. Онњо бо маслињат шароити мактабравии кўдакро ба инобат гирифта, низоми рўз тартиб медињанд ва риояи онро дар оила ва мактаб тањти назорат ќарор медињанд, то ки ба он меъёри рўз ўро одат кунонанд. Мањз бо њамкорї ва имдоди онњо мактаб фаъолияти таълимї ва тарбиявии худро ба дараљаи талаботи замон бардошта метавонад. Мактаб барои омода кардану љалб намудани оила ва ањли љамоатчигї ба чунин њамкорї бояд чорањои амалї андешад ва дар созмондињии мададрасонии тарафайн пешгом бошад. Ќонуни Љумњурии Тољикис­ тон «Дар бораи маориф» волидайн ва шахсони ивазкунандаи онњоро ба тариќи зайл вазифадор мекунад: «Барои сињатии љисмонї ва равонии бача пайваста ѓамхорї кунанд, ўро ба мактаб омода созанд; њуќуќ ва ќадру ќимати бачагонро њимоя намоянд; фарзандонро дар рўњияи башардўстї, мењнатдўстї, њисси накўкорї, рањмдилї, муносибати боэњтиромона нисбат ба ањли хонавода, забони модарї, адабиёту таърих, эњтиром нисбат ба арзишњои миллї, фарњанги дигар халќњо тарбия намоянд; ба бачањо барои гирифтани маълумот дар муассисањои таълимию 37


ПАЖЎЊИШ

тарбиявї мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муњайё созанд, ки дар сатњи эњтиром ба ќонун, њуќуќ ва озодии инсон, риояи ќоидањои њаёт тарбия намоянд». Азбаски сатњи зиндагї ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, тарбияи кўдакон њам як хел нест. Вобаста ба таќозои љомеа модарон бояд аз асосњои донишњои педагогї ва психологї огоњї дошта бошанд, лекин дар кишвари мо то њол дар ин љода кам эътибор медињанд. Агар њар як модари то­љик асосњои психологияи син­ нусолї ва педагогикаро донад, тарбияи насли наврасро дуруст ва мутобиќи замони муосир ба роњ монда метавонад. Мо оид ба масъалаи мазкур бо духтарони Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улугзода саволнома гузаронидем. Ба саволи «Китоби «Психологияи оила»-ро мутолиа намудаед?» аксарият љавоби манфї доданд ва ин моро хеле нигарон намуд, чунки духтарон бидуни огоњї бо илми психологияи оиладорї ва педагогика имрўз ба шавњар мебароянду пагоњ мешунавї, ки људо шудаанд. Ин натиљаи аз њад зиёд нозпарвар тарбия кардани кўдакон аст. Ин аз он сабаб рўй медињад, ки волидайн фарзанди худро аз меъёр зиёд дўстдорї мекунанд, ягон чизро барояш дареѓ намедоранд, њатто гуноњњояшро бо навозиш мебахшанд. Оќибат ў мутакаббир, инљиќ ва худбину бахил калон мешаванд. Солњои пеш њам духтарон оид ба ин масъала иттилоъ 38

доштанд, аммо модарон њама ваќт пеш аз ба шавњар баромаданашон ба духтарон нозукї ва душворињои зиндагиро мефањмониданд. Лекин њозир модарон фаќат аз либосу чизу чора мепурсанду вазифањои љонии худро ба кунљи фа­ро­ мушї нињодаанд. Дар тарбияи фарзандон бемасъулиятии волидайн ба нохушињои зиёд меорад. Њалли дурусти тарбияи оилавї ба он вобаста аст, ки падару модарон онро то кадом андоза дуруст мефањманд ва то чї андоза аз ўњдаи тарбияи фарзанд мебароянд, дар кори дуруст ба роњ мондани ин масъалаи мушкил ва масъулиятнок аз педагогњо то чї андоза маслињатњо мегиранд ва ба омўхтани адабиёти педагогї машѓул мешаванд. Дар кори дуруст ба роњ мондани тарбияи оилавї дониши педагогї доштан њам наќши муайян мебозад, вале он њам кифоя нест. Роњњои аз он дуруст истифода бурданро низ донистан лозим аст. Барои ин асосан таљриба ёрї мерасонад. Фаќат равобиту њамкории мустањками муаллимон ва падару модарон метавонад тарбияи оилавиро ба маљрои дуруст равона кунад. Барои он ки падару модарон марому маќсади корњои тарбиявии мактабро дуруст дарк кунанд, ба онњо фањмонидан лозим аст, ки барои инкишофи њамаљонибаи кўдакро дуруст ба роњ мондан корњои таълимї, тарбияи ахлоќї, мењнатї, эстетикї ва љисмонии онњо хеле муњим аст. Ба ќавли Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, «бе даст­гирии волидайн ислоњоти

маориф натиљаи дилхоњ на­ хоњад дод, ки ин њаќиќат бе­ бањс аст. То ваќте ки зарурати ин масъала дар поён, яъне дар сатњи оила дарк нашавад, ягон ибтикорот самараи мусбат нахоњад дод». Дар шароити њозираи тат­ биќи ислоњоти соњаи маориф мушкилоти таълимгоњњо аз он иборатанд, ки бисёр мавридњо ба машварати волидон падару модарон кам љамъ мешаванд, 20-30%-и духтарон пас аз хатми мактаби асосї тањсилро дар таълимгоњњо ќатъ мекунанд; фоизи муайяни бачањо ба тањсил аз синфи якум фаро гирифта намешаванд; њукуматњои мањаллї, ањли љамоатчигї дар бисёр мавридњо муносибати канорагириро ихтиёр намуда, дар њаллу фасли мушкилоти бамиёномада ба маъмурияти мактабњо ва кумитањои волидайн ёрї намерасонанд. Аз њама ташвишовар он аст, ки кормандони соњаи маориф, маркази такмили ихтисоси омўзгорон ва маркази љумњуриявии корњои тарбиявї фаъолияти Ассотсиатсияи во­л идон ва омўзгоронро тањ­т и назорат ва роњбарї ќа­рор намедињанд. Дар замони шўравї университетњои халќии донишњои педагогї дар назди мактабњо, хонањои маданият ва идораи хонањо ташкил карда мешуданд ва њоло ин вазифаро Ассотсиатсияи волидон ва омўзгорон иљро мекунад. Њамкории мактабу оила бо Асотсиатсияи волидон ва омўзгорон он гоњ натиљаи дилхоњ медињад, ки агар њар як аъзои он, њар як омўзгор

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ПАЖЎЊИШ

ва њар як роњбари синф, ташкилотчии љараёни таълиму тарбия дар њамкорї бо намояндагони идорањои маориф ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар ма­ њал­њо бо њисси баланди масъ­ улиятшиносї, дилгармї ва хайрхоњї, инсонпарварї ва ѓамхорї, бо истифода аз вазифа ва њуќуќњои шањрвандї муносибати љиддї дошта бошанд. Барои муваффаќ шудан ба ин маќсад дар байни падару модарон ташкили донишњои педагогї маќоми муњим мебозад. Дар шароити муосири рушди илму техника ва тањсилоти умумии миёнаи љавонон дар асоси таљрибаи шахсии падару модарон ва анъанаи насли калонсол ташкил намудани тарбияи оилавї имконпазир аст. Самаранокии таъсири тарбияи оилавї дар ташаккули шахсият аз бисёр љињат бо ёрии дараљаи умумї ва маданияти педагогии падару модарон муайян карда мешавад. Ба воситаи ташвиќи донишњои педагогї худомўзии падару модаронро низ ба тартиб овардан лозим аст, то ки онњо мустаќилона аз адабиёти илмию оммавии ба масъалањои педагогикаи оилавї бахшидашуда бањра бардошта, аз барномањои барои ин соња тартибдодаи радиову телевизион самаранок истифода бурда тавонанд. Ба андешаи В.А. Сухомлинский ба он муваффаќ шу­дан лозим аст, ки падару мо­дарон дар симои фарзандони худ пеш аз њама худашонро дида, диалектикаи инкишофи кўдакро фањмида тавонанд. Барои ин онњоро

бо муњимтарин ќонуниятњои илми педагогика, психологияи синнусолї, физиология, этикаи педагогика мусаллањ намудан лозим аст». Аз мушкилоту масъалањои муосири тарбия огоњ шудани падару модарон, њодисањои мураккаби муносибатњои байнињамдигарии оилавиро тањлил карда тавонистан ба онњо имконият медињад, ки диалектикаи раванди педагогиро њарчи амиќтар фањ­ мида гиранд. Тањќиќи махсус ва таљрибањои тарбияи оилавї нишон медињанд, ки имкониятњои ба насли наврас таъсири мусбат расонидани оила ба омилњои гуногун вобаста мебошанд. Барои тарбияи насли наврас дар оила шароити аз њама мусоидтарин ширкати волидайн ва муњити хуби маънавию психологї ва вазъияти солими оилавї мебошад. Вале оилањое њам њастанд, ки корњои тарбиявии мактабро ба душворї андохта, ба ташаккули шахсияти бача таъсири манфї мерасонанд. Пеш аз њама худи бачаро аз тањти назорат дур накарда, ба ў њамеша ѓамхорї зоњир намудан лозим аст. Бачаро њељ гоњ бо он тассуроти нохуше,

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

ки аз муњити оилавї мегирад, монондан мумкин нест. Агар ба муќобили шароит­ њои муњити гирду атрофе, ки њодисањои зиддииљтимоиро ба вуљуд меоваранд, мубориза бурда нашавад, дар масъалаи солим намудани оилањои ноком дар тарбияи фарзандон њељ гуна муваффаќият ба даст овардан мумкин нест. Барои баланд бардоштани маданияти љойњои истиќоматии љамъиятї баробари бачагон падару модаронро низ љалб намудан, дуруст ташкил кардани муњити фарњангии ањолї аз љумлаи корњое њастанд, ки бо ташаббуси мактаб, падару модарони фаъол ва муассисањои љамъиятї ба вуљуд оварда мешаванд. Ба роњ монда шудани њамаи ин корњо боиси бењбудии вазъияти оилањои ноком гашта, шароити тарбияи насли наврасро бењтар мегардонанд. Мактабу оила ва љомеаро умумияти маќсадњои иљтимої, вазифањои педагогї ва прин­ сип­њои ягонаи фаъолият мут­ тањид месозанд. Алоќаи зич ва њамкории судманди онњо гарави муваффаќиятњои тарафайн мебошад.

Фасли Наврўзу навбањор омад, Мавсими сайри лолазор омад, Кўдакони асири мактабро Шоњиди айш дар канор омад. * * *

Фасли Наврўзу бањору соли нав омад кунун, Гул зи гулшан, лола аз кўњсор меояд бурун. Эй падар, устоди моро хизмати шоиста кун, З-он ки ўро дил паи таълими мо гардида хун. Абдурањим Писандии Самарќандї 39


ПАЖЎЊИШ

Иззатулло ДАВЛАТШОЕВ, мудири шуъбаи педагогика ва психологияи Пажўњишгоњи рушди маориф, номзади илмњои педагогї, Баргигули ШОЊОНБЕК, ходими калони илмии њамин пажўњишгоњ

МАКОНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ Мактаб макони таълиму тарбия, илму маърифат ва манбаи ташаккули шахсият мањсуб меёбад. Муќаддастарин арзиши мактаб камолоти ахлоќї ва маънавии шахс дар љомеа аст. Арбобони илму фарњанг, нобиѓањои гузаштаю кунунии олами тамаддун сарчашмаи донишро аз мактаб гирифтаанд. Оѓози эљодкорињои донишмандон, худогоњию худшиносї, ватандорию мењанпарастї, аќлу заковати инсонї њам аз мактаб оѓоз меёбад. Нозу неъмати дастурхон, шодию нишот, файзу баракати хонадон, дасту дуои модар аз мактаб манша мегиранд. Низомии Ганљавї фармудааст: Шуд чашми падар ба рўи ў шод, Аз хона ба мактабаш фиристод. Додаш ба дабири донишомўз, То ранљ барад бар ў шабу рўз. Пойдевори устувор ва манбаи аслии маърифат устодону омўзгорон мебошанд. Шайх Саъдї ба ин маънї фармуда: Подшоње писар ба мактаб дод, Лавњи симин-ш бар канор нињод. Бар сари лавњи ў навишта буд ба зар: Љаври устод бењ зи мењри падар. Адибон мактабро ба нури дидагон, умри љовидон, ёри мењрубон, боѓи бехазон ташбењ дода, бо мењру муњаббати беандоза васф кардаанд: Мактабам, нури дидагонам ту, Мактабам, умри љовидонам ту! Бахту шодї мудом ёри ман, Мактабам, боѓи бехазонам ту! (Гулчењра Сулаймонї) Дар Шарќи ќадим нахустин мактабњо дар Чин, Бобул, Миср ба вуљуд омада, коњинону рўњониён дар мактабњо дарс мегуфтанд. Дар Аврупо мактабњои аввалин дар Юнони ќадим таќрибан дар асри 6-и то мелод, дар Рими ќадим дар асри 4-и то мелод пайдо шуданд, ки дар онњо 40

таъсири дини католикї пурзўр буд. Синфњои њукмрон ин мактабњоро ба манфиати хеш истифода мебурданд. Чуноне ки сайёњи Чин Сюан Саян дар соли 630 навиштааст, «дар Самарќанду Бухоро бачагон аз 5-солагї хондан, навиштан ва њисобро машќ мекарданд. Ба онњо дабирон (мирзоён) роњбарї мекарданд». Халифањои араб барои афзудани нуфузи дини ислом кушодани мактабу мадрасањоро мефармуданд. Дар ин мактабњо саводбарорї аз омўхтани њарфу навиштани калима оѓоз мешуд. Маќсади мактабњои исломї ёд додани Ќуръон буд. Дар солњои охири асри Х1Х мактабњои хусусї ављ гирифтанд ва соњибонашонро мактабдор мегуфтанд. Зани мактабдор дар хонаи худ ба духтарон таълим медод ва ўро бибихотун ва ё бибихалифа меномиданд. Дар ин мактабњо усули кўњнаи асримиёнагї таълим дода шуда, тариќи содабаёнии азёдкунї, њиљо-њиљохонии саводбарориро таълим медоданд. Дар Осиёи Марказї ќорихонањои хусусї ва мадрасањо рушд мекарданд. Баробари рушди иљтимоии љомеа ва пайдо шудани буржуазияи мањаллї дар роњи ислоњоти мактабњои кўњна усулњои омўзиши савтия ба миён омаданд. Онро усули љадид (нав) мегуфтанд. Барои фарзандони русњои маскуни Туркистон аз соли 1876 сар карда, гимназия, мактабњои ибтидої, семинарияи муаллимон кушода шуданд ва онњо баъзе фарзандони мардуми мањаллиро њам фаро мегирифтанд. Њарчанд ки ин мактабњо ба сиёсати мустамликадории њукумати подшоњии рус хизмат мекарданд, дар танзими кори таълиму тарбияи онваќта мавќеъи пешќадам доштанд. Љараён ва равияи сиёсию иљтимої, илмї, адаб­иёт ва санъати тасвирии асри 15-ро мактаби минётурии Самарќанд, мактаби адабии Љомї, Њофиз ва дар асрњои баъдї Бедил ном мебурданд, ки барои мактабњои љадиди аввалњои асри ХХ-и Осиёи Марказї заминаи мусоид гардиданд. Дар «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ПАЖЎЊИШ асоси мактабњои љадидия китобњои А.Шакурї «Роњбари мактаб», С.Айнї «Тањзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Ќуръон» таълиф шуданд, ки заминаи мувофиќ барои пайдо гардидани мактабњои дорои низоми нави идораи маориф ва низоми ташаккули шахсияти насли наврас гардиданд. Тољикон аз ќадимулайём ба тарбияи насли наврас ва ташаккули шахсияти ў таваљљўњи хосса зоњир намуда, барои дар рўњияи инсондўстї, њувийяти миллї, љавонмардию ватандўстї, хештаншиносию худогоњии миллї ва ахлоќи њамидаи инсонї ба воя расонидани ў саъю талош мекунанд. Ин анъанањо дар замони истиќлолият низ идома ёфта, тавассути оила, муассисањои гуногуни таълимї, созмонњои љамъиятї, сохторњои маориф, ташкилотњои динї дар шаклњои мухталиф рушд менамоянд. Соњаи маориф дар љумњурї яке аз соњањои афзалиятнок мањсуб ёфта, аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарм Эмомалї Рањмон њамчун омили муњимтарини наљоти миллат, тањкими давлат ва амнияти он арзёбї гардид. Таълиму тарбияи ахлоќию маънавии насли наврас ва ташаккули шахсияти комил рукни асосии ѓояи давлатдорї ва яке аз самтњои асосї ва муњимтарини рушди љомеа мебошанд. Дар кишвари тољикон бањри такмил ва танзими тарбияи кўдакону нав­расон ва љавонон заминањои воќеї ба вуљуд омадаанд. Дар муассисањои таълимї барои баланд бардоштани самаранокии корњои тарбиявї, тарзи њаёти солими онњо тадбирњои назаррас андешида шудаанд. Раванди таълиму тарбия ва ташаккули шахсият дар муассисањои таълимї дар Љумњурии Тољикистон тибќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», стандартњои давлатии тањсилот, консепсияњои миллии маълумот ва тарбия, низомномањои муассисањои тањсилоти Тољикистон њамчун самтњои афзалиятноки ислоњоти мактабу маориф ва њаёти иљтимоии кишвари тољикон эътироф гардидаанд. Соли 1993 Љумњурии Тољикистон ба «Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдакон» њамроњ шуд, ки дар он њуќуќ ва манфиатњои кўдакон, ўњдадорињои падару модарон, давлат ва љомеа минбаъд оид ба дуруст ба роњ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас таъкид ва дар санадњои меъёрии њуќуќї дарљ гардидааст. Вобаста ба љорї намудани барномаю усулњои нави таълиму тарбияи кўдакону наврасон аз «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

тарафи ташкилоту институтњои байналмилалї барномањои «Ќадам ба ќадам», «Аз кўдак ба кўдак» амалї мешаванд. Њар сол теъдоди хонандагони муассисањои тањсилоти умумї афзуда, зарурати сохтмони мактабњои нав, таъмини онњо бо кадрњои омўзгорї, таљњизоти таълимї, лаборатория ва кабинетњои фаннї, тањияи филмњои тарбиявї, дастуру китобњои дарсї ва методиро ба миён меоваранд. Дар мамлакат њоло 80 маркази тањсилоти иловагї ба таълиму тарбияи кўдакону наврасон машѓул мебошад ва дар онњо 1249 мањфил амал намуда, 41432 нафар хонандаро фаро мегиранд. Аз теъдоди умумии 1703028 нафар хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї њамагї ба тањсилоти иловагї љалб гардидани 41432 хонанда нишондињандаи хеле паст аст. Аз ин рў, давлат барои муњайё намудани шароити зарурї бањри инкишофи низоми машѓулиятњои иловагии насли наврас њамасола љўёи тадбирњои иловагист. Мутаассифона, вазъи ќонуншиканї ва дур мондани кўдакону наврасон аз таълиму тарбия то њол дар љумњурї ташвишовар боќї мондааст. Дар кишвар дар соли 2009 211 ва дар соли 2010 327 њолати ќонуншиканї аз љониби ноболиѓон ба ќайд гирифта шудаанд. Падидаи камшавии љиноят дар соли тањсили 2011-2012 ба мушоњида расад њам, иштироки кўдакону наврасон дар љиноятњои махсусан вазнин гувоњи то андозае суст гардидани љараёни таълиму тарбия мебошанд. Барои пешгирї намудани чунин падидањои номатлуб «Барномаи давлатии тарбияи насли нав­рас дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2017» ва «Барномаи пешгирї намудани косташавии ахлоќи наврасон ва каљрафтории онњо» тањия ва дастраси омўзгорону устодони макотиби љумњурї гарданд, ки роњнамои хуби раванди таълиму тарбия мебошанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки баъди гузариш ба низоми тањсилоти 12-сола тамоми мушкилоти бамиёномада њаллу фасл гардида, мактаб, оила ва ањли љомеа дар доираи ислоњоти соњаи маориф ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» њамкорињои педагогиро бањри тарбияи ахлоќї ва маънавии насли наврас, ташаккули шахсияти комил пурзўр намуда, аз њама имконияту шароити мављуда пурсамар истифода мебаранд. 41


ПАЖЎЊИШ

Ањмад САНГИНОВ, љонишини директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №11 ба номи Ш.Асророви ноњияи Масчоњ

МОЊИЯТ ВА ЌОНУНИЯТИ РАВАНДИ ТАРБИЯ Роњбарии муташаккилонаю маќсаднок ба тарбияи талабагон, ки ба маќсадњои пешгузаштаи љомеа мувофиќат мекунад, раванди тарбия но­ мида мешавад. Вазифаи асосии он ташаккул додани шах­сияти насли навраси ба љо­меа зарури манфиатрасон, инсони њаматарафа инкишоф­ ёфтаи дорои ахлоќи баланд, мењнатдўсту кордон, аз љињати ѓоявї устувор, ихлосманди зе­ бої ва љисмаш инкишофёфта мебошад. Шахсиятпайдокунї дар ба­ чагї, наврасї ва љавонї, ки дар мактаб ва оила мегузарад, давраи масъулиятноки тайёр кардани инсон барои љомеа мебошад. Насли наврас тавассути тарбия ба азхуд кардани боигарии моддї ва маънавии халќ, таљрибаи зиёди инсоният шуѓл варзида, тарбияро њамзамон бо омилњои иљтимоию психологї ба вуљуд меорад. Ќонунияти раванди тарбия инчунин дар инкишофи мунтазами он, дар динамикаи вай, дар дигаргунї ва та­ ѓйирпазирии он ифода меёбад. Раванди тарбия мувофиќи та­лаботи иљтимої инкишоф меёбад ва мувофиќи талаботи хусусиятњои синнусолии талабагон дигаргун мешавад ва дар вазъи гуногуни њаёти тарбиягиранда таѓйир ёфта меистад. Баъзан тарбия дар як шароит ба бача сахт таъсир мерасонад 42

ва дар њолати дигар камтаъсир аст. Диалектикаи тарбия дар зиддиятнокии он низ ошкор мегардад. Дар зиддиятњои ра­ ванди тарбия зиддиятњои до­ хилї, ки дар инкишофи тарбия ќувваи њаракатдињанда мебошанд ва зиддиятњои зо­њириро, ки ба раванди мураккаби тар­б ия њамроњї мекунанд, аз њамдигар фарќ кардан лозим аст. Ин зиддиятњои беруна муваќќатианд, вале онњо њаракати раванди тарбияро боз дошта, самараи онро суст карда метавонанд. Зиддиятњои дохилии раванди тарбия ва ќувваи пеш­ барандаи он зиддияти бай­ни вазифањои ањамияти иљти­ мои­дошта мебошад, ки њалли онњо ба зиммаи тарбиягиранда меистад ва амалиёт барои њалли ин вазифањои иљрошуда мазмуни ќувваи пешбарандаро ифода мекунад. Зиддияти дигари дохилии љараёни тарбия зиддияти бай­ ни таъсироти берунї ва кў­ шишњои ботинии тарбиягирандагон мебошад. Барњаќ, ба мазмуни кўшишњои ботинии бача зиракона назар наандохтан фаъолияти педагогро ба формализми ноумедона бармегардонад. Зиддиятњои берунї ба ља­ раёни тарбия душвории зиёд меоранд. Ин њолат аксаран дар натиљаи номувофиќатии таъсиррасонии тарбиявии мактаб

ва оила ба амал меояд. Оила ба моњияти талаботи мактаб сарфањм нарафта, ё рўирост ё ѓайримустаќим ба ин талабњо зиддият нишон медињад. Љараёни тарбияро инчунин зиддиятњои байни таъсиррасонии муташакилонаи тарбиявї ва таъсироти стихиявии вазъи­ яти њаёти бача мураккаб мегардонад. Ин зиддиятро танњо дар раванди тарбия бо таъсири омилњои хеле пурќуввату аниќ барњам додан мумкин аст. Бачагон аз таъсироте, ки дар роњи ташаккули шахсият пеш меоянд, бештар бояд таъсири тарбиявиро амиќтар дарк ва њис кунанд. Таъсироти тарбиявии ному­ вофиќи баъзе муаллимон дар мактаб ба раванди тарбия хеле халал мерасонанд. Дар ин шароит рафтору кирдори талаба муаммодор, бепринсипона ва созишкорона мешавад ва њамаи ин табиист, ки ба самаранокии раванди таълим халал мерасонанд. Љараёни тарбияи муташаккилона, ки барои љомеа ва шахс нињоят зарар аст, ќонуниятњои худро дорад. Њаёти иљтимоии инсонро пеш аз њама фаъолият ва муносибати ў бо одамони дигар муайян мекунад. Дар натиљаи ин тасдиќ кардан мумкин аст, ки фаъолият ва муносибат - асоси љараёни тарбия, сарчашмаи асосии ташаккули сифатњои љамъиятии шахсият мебошад.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ПАЖЎЊИШ

Таъсири фаъолият дар та­ шаккули шахсияти насли нав­р ас бебањост. Фаъолияти гуногунсоњаи дар љараёни тар­бия муташаккилшуда им­ ко­ниятњои хеле васеъ дош­та, дар фаъолияти насли ља­вон донишњои даркорї ва во­ ситањои боигарињои худбунёдро азхуд менамояд. Дар фаъолият маќсадњои мењнат, таълим, рафтору кирдори бомулоњизаи ба љомеа фоиданок амиќтар мешаванд, аќи­дањо, мулоњизаронињо, эъ­ тиќод, бањодињї (бањодињии ахлоќї, эстетикї, илмї) мураттаб мегарданд, шаклњои мустањками рафтору кирдор, одатњо устувор мешаванд, раф­тору кирдор ва амалиёти зарури такмил меёбанд. Дар љараёни фаъолият ќобилияти шахс, фардияти он, ќуввањои эљодии вай тараќќї мекунанд. Ана аз ин сабаб ташкили амалиёти фоиданоки гуногун асоси љараёни тарбия њисоб меёбад. Машќи фаъолияти бошуурона бошад, асоси ташаккулдињии одами барои љомеа лозимро ташкил мекунад. Муносибати мактаббача бо одамоне, ки бо онњо ро­би­ тањои гуногуни шахсї доранд, шакли дигари хеле муњими њаёти иљтимоии вай аст ва он барои њамчун шахсият ба воя расидани ў кўмак мерасонад. Дар раванди муносибат робитањои зиёде пайдо мешавад: робитањои корї, вобастагии њамдигарї ва масъулиятнокии њамдигарї, ахлоќї (маъќулшавї, муњаббат, ѓам­ хорї, шарики таќдири њам­ дигар шудан ва ѓайра), ро­ битањои ахборї, робитањо дар этика, эстетика, мењнат, варзиш, санъат, дар азхудкунии

анъанањо, унсурњои маданияти умумї ва ѓайра. Шавќу њавасњои гуно­ гун­соњаи љавонон дар муно­ сибатњо инкишоф меёбанд. Њар ќадаре, ки фаъолияти фои­д аноки љамъиятии тар­ бия­г ирандагон ба маќсад муво­фиќтар бошад, муносибати байнињамдигарии онњо бошууронатар ба амал оянд, њамон ќадар раванди тарбия самараноктар мегардад - ин аст ќонунияти љараёни тарбия. Ба зарурати гузариши таъсири беруна, ба равандњои ботинии шахсият, ба унсурњои ў, ќарордодњо, майлу хоњишњо, муносибатњои вай, ба хусу­ сиятњои эњсосї - иродавї, со­ њаи интеллектуалии шахс такя карда, ќонуниятњои дигарро тартиб додан мумкин аст: таъ­ сири раванди тарбия ба ботини шахсият њар ќадар зиёд бошад, натиљаи он њам њамон ќадар баланд мешавад. Дар раванди тарбия тамоили нобаробар инкишофёбии кўдак њам мушоњида мешавад, ки онро равоншиносон Б.Г.Анонев, Д.Б.Элконин ош­кор кардаанд. Тањќиќ ва таљрибањои њаётї исбот намуданд, ки аксаран дараљаи интеллектуалии олии мактаббача бо хусусиятњои амалии дар ў вуљуддошта (масалан, амалиёти ў дар мењнат) мувофиќат намекунад. Чунончи, муваффаќияти баланди дар варзиш бадаст­овардаи талаба ба завќи эстетикї доштани ў асос шуда наметавонад. Ин аз он сабаб аст, ки инкишофи бача на танњо аз љињати аќлї, ки бо равандњои нутќ вобаста аст, ба амал меояд. Дар вай инчунин соњањои эњсос ва серњаракатї низ инкишоф

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

меёбанд, ки мутаассифона, на њамеша байни худ њамоњанг шуда метавонанд. Ана аз њамин сабаб мо шоњиди он мешавем, ки азхуд намудани донишњои назариявии талаба ба осонї муяссар намешавад, ў ноўњдабаро аст, дар иљрои оддитарин машќњои љисмонї, дар иљрои мењнати оддї мушкилї мекашад, зебоињои атрофашро њис карда наметавонад. Равандњои тарбия маќсади мутаносибан инкишоф додани шахсиятро ба амал бароварда, ин камбудро ба њисоб нагирифта наметавонад. Дар њалли вазифањои мушаххаси тарбия на танњо ба имкониятњои нутќи талабагон такя кардан, балки инчунин мувофиќан инкишофёбии серњаракатии онњоро низ ба њисоб гирифтан зарур аст. Аз ин љо ќонунияти дигари раванди тарбия ба миён меояд; раванди тарбия њар ќадаре ки бо таъсироти комплексии худ ба љараёнњои нутќ ва сарњаракатии тарбиягирандагон, ки асоси онњоро шуури њаракатњои амалї ташкил медињанд, маќсадноктар такя намояд, њамон ќадар инкишофи маънавї, мењнатї ва љисмонии бачагон самараноктар мешавад. Пешравї ва натиљаи тарбия бештар ба дурустии мавќеи мураббї ва тарбиягиранда вобаста аст. Мураббї ба зиммаи худ наќши роњбариро мегирад. Вай маќсадњои иљтимоии тарбияро дар шароити муайян ва воќеии тарбияи талабагон таѓйир медињад. Ташкили љараёни тарбия, ки дар он вазифањои тарбияи ѓоявї, ахлоќї, мењнатї, маънавї ва љисмонии кол43


ПАЖЎЊИШ

лектив ва талабаи алоњида њал карда мешаванд, мањз ба мураббї вобаста аст. Мураббї равандњои худтар­ биякунї ва азнавтарбиякунии маќсаднокро ташкил мекунад: дараљаи тайёрии мактаббачагонро худтарбиякунї муайян мекунад, тамоми даврањои роњи ин тарбияро ба наќша медарорад. Бо маќсади азнав­ тарбиякунї вай одатњои бадро аз талабагон дур карда, онњоро ба фаъолияти фоиданок сафарбар менамояд, кўшиш мекунад, онњое, ки ба ќувваи худ бовариро гум кардаанд, муваффаќият ба даст оранд. Дар ташкил кардан, пешгўї ва дар амал љорї шудани раванди тарбия мураббї табиатан ба коллективи бачагон, созмонњои талабагї такя мекунад, ба оила робита барќарор менамояд, ањли љамъиятчигиро ба ин кор љалб мекунад. Ба ин восита љои тарбиягиранда њам дар раванди тарбия муайян шуда метавонад. Тарбиягиранда, албатта, объекти тарбия аст, вале ин њељ гоњ наќши фаъолияту амалиёти ўро дар раванди тарбиягириаш кам намекунад, чунки дар шароити мусоид вай худаш субъекти љараёни тарбия гардида, дар њалли корњои умумї шарик мешавад, ба њамсолони худ бавосита ё бевосита таъсири тарбиявї мерасонад. Дар раванди тарбия ба тарбиягиранда тамоми алоќањо ва вобастагињои мураккабе, ки дар мавќеи худ бо онњо сарукор пайдо мекунад, таъсир мерасонад. Вай мумкин аст ташкилотчї ё ташаббускори корњои бисёр ё амалиётњо, иљрокунандаи намоён ва масъул шуда, ба дигарон намуна 44

гардад. Нињоят, вай мумкин аст рафиќи мушфиќ шавад, ки ўро дар дўстї, вафодорї ва мададгорї бо рафиќони дармонда таърифу тавсиф кунанд. Дар њамаи мавридњо вай бевосита иштирокчии раванди тарбия мебошад ва барои дар тарбия пайдо шудани рўњияи ахлоќї, љамъиятї ва мењнатї ёрї мерасонад. Вале, табиист, ки њамаи ин худ аз худ ба даст намеояд. Ин натиљаи хуби раванди тар­биявї мебошад, ки ифодаи диалектикї дорад. Ба њамин тариќ наќши роњбарии мураббї дар ин љараёни мураккаб бо кўшишу мањорати вай, дар навбати аввал тарбиягирандагонро ба худ љалб карда тавонистан, дар иљрои ин маќсадњо аз захирањои берунї ва дохилии тарбияро истифода бурда тавонистанаш ифода меёбанд. Љараёни тарбия - ин раванди ба љомеа мувофиќшавии шахсият, тайёрии вай ба њаёт, маќом пайдо кардани ў дар љомеа мебошад. Ба ин васила ў ба дараљаи лозимї ба љомеа фоида мерасонад ва ќонеъ гардонидани талаботи шахсиашро месанљад. Њангоме ки моњияти раванди тарбиявиро дар мактаб ва оила муайян мекунем, њаќ дорем бигўем, ки дар љараёни тарбия дар асоси таљрибаи муносибатњои љамъиятї таљрибаи тамоми фаъолияти њаётии љавонон ташаккул меёбад ва дар ин таљриба муносибатњои гуногунрангии онњо ба оламу одам, мењнат, дониш, таълим, умуман фаъолиятњо гирд меоянд, дар соњањои гуногуни маърифат, мењнат ва муомила мунтазам таљрибањои шахсї ба даст

меоянд ва онро бой мегардонанд. Дар раванди тарбия алоќа­ мандию вобастагињои соњањои гуногун - иљтимої, психологї, педагогї бо њам алоќаманд мебошанд. Ањамияти иљтимоии раванди тарбиявї аз он иборат аст, ки ба насли љавон кўмак мерасонад, то боигарињои ањли љомеа - ахлоќ, мењнат, илм, санъатро азхуд намоянд. Раванди амалии тарбиявї њар ќа­даре ки ба тарбиягирандагон барои азхуд кардани бои­ гарињои моддию маънавии халќ зиёдтар ёрї расонанд, њамон ќадар бештар вазифаи худро иљро карда, ба талаботи иљтимоии замони њозира љавоб медињад. Дар дохили раванди тарбия њамбастагии таъсироти соф педагогї њастанд, ки онњо ба ташаккули шахсияти насли наврас таъсир нарасонда намемонанд. Онњо аз инњо иборатанд: муњити њаматарафа ињота кардаи мактаббача (дар шањр, дењот), муњити мањдуди ў (оилаи бобарор ё бебарор, таъсири наздикон, рафиќон), воситањои оммавии алоќа, таљрибањои хонанда, ки мусбат ё манфї шуда метавонанд. Њамаи ин алоќамандињо њамбастагии мураккаби раванди тарбияро нишон медињанд. Дар њосил шудани таљриба­ њои шахсї чизи асосї он аст, ки кўдак муносибатњои љамъиятии муњиму объективии мављударо њис намояд ва онњо ба талаботи ба худ хос, ба усули зиндагї, рафтору амалиётњои худи бача табдил ёбанд, муносибатњои худї ва шахсии ў шаванд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Мирзоалї АЛИЕВ, дотсенти кафедраи психологияи ДМТ

МЕТОДЊОИ ПСИХОЛОГИИ ИНКИШОФИ ТАФАККУРИ ФИЗИКИИ ДОНИШЉЎЁН Фаъолияти эљодии донишљўён пеш аз њама аз дараљаи њавасмандии онњо ба объекти эљодиёт вобастагї дорад. Ин љо на танњо ху­сусиятњои фаъолияти фикрї (навигарї, тахминњои тасодуфї, фаросат ва ѓайра), балки таъсири хусусиятњои ботинї ба раванди эљодиёт (шавќу њавас, майлу хоњиш, ирода, маќсаднокї, дилбохтагї, аз ихтироот ба ваљд омадан, илњом гирифтан, рўњбаланд гаштан ва њоказо) наќши муњим мебозанд. Њангоми тартиб додан ё интихоб намудани методњои психологии инкишофи тафаккури физикии донишљўён дар љараёни дарсњои амалї аз фанни физика диќќати асосиро ба замонавї будани мазмуни фаъолияти таълимї ва муњайё кардани шароити мусоиду босамари љорї шудани тафаккури физикї равона кардан зарур аст. Пањлўњои зикргардидаи раванди таълим бо њам алоќаманд бошанд њам, моњияти ба худ хос доранд. Моњияти психологии инкишофи тафаккури физикии донишљўён пеш аз њама вобаста ба талаботи замон ва таълими физикию касбии онњо муайян карда мешавад. Аз ин љо робитаи моњияти психологии инкишофдињии илмї– физикї бо равандњои тараќќиёти илмї–физикї (механиконидан, электриккунонї, автоматикунонии истењсолот), бо соњањои пешќадами илми физика (кайњоншиносї, радиоэлектроника, физикањои њисоббарор ва электронї), бо доирањои асосии истењсолот моњияти муњим пайдо мекунад. Талаботи асосии моњияту мазмуни фаъолияти илмї–физикиро мувофиќату мутобиќати он бо хусусиятњои рушди синнї, шароити ташаккулдињии шавќу њавас ва дараљаи маълумотнокии шахс ташкил медињад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

Дар синни миёна ва калони мактабї хонандагон вобаста ба дараљаи дониш ва љањон­ биниашон одатан ба тарњрезии лоињањои гуногуни техника - њавопаймо, ракета, усулњои гуногуни њосил кардани нерўи барќ, намудњои гуногуни мошину тракторњо ва дигар техни­ кањои медонистагиашон мароќ зоњир менамоянд. Њангоми донишљўї бошад, ин майлу раѓбат ба воќеъият табдил меёбад. Донишљўён вобаста ба мањорату малака ва дараљаи дониши худ аз тарњрезї намудани ќолибу намунањо ба сохтани объектњои воќеї мегузаранд. Онњо акнун ба сохтани техникањои њаракаткунанда: стансияњои барќии аз об, бод ва офтоб нерў­ гирандаи камиќтидор, мошинњои камзарфият, њавопаймоњои бемуњаррику муњаррикдори бо мављи радио идорашаванда ва ѓайра машѓул мешаванд. Самаранокии тафаккури физикии дониш­ љўён на танњо аз донистани сохтори таркибии намудњои гуногуни техника, донишњои назариявии илмњои даќиќ - химия, математика, биология ва дигар илмњои барои дуруст дарк кардани сохтори таркибии намудњои гуногуни техника лозимї, њамчунин аз малакањои лоињакашї, наќшакашї, њисобу китоби мате­ матикї, тарњсозї ва ѓайра зарур иборат аст, бал­ки аз як ќатор хусусиятњои функсияњои пси­хикї - тасаввуроти фазої, устуворию мутамарказияти диќќат, хотири ихтиёрї, дараљаи васеї, моњирї, зудї ва танќидии аќл, амиќию мустаќилии тафаккур, дараљаи фањмидагирї ва ѓайра вобаста мебошад. Барои ташаккул додани ќобилиятњои физикии донишљўён гурўњњои гуногуни масъалањои конструкторї истифода бурда шаванд њам, усулњои ташаккулдињии тафаккури физикии онњо то њол ба таври зарурї омўхта ва мурат45


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

таб нагардидааст. Бо вуљуди ин дар адабиёти илмї–амалии психологї як ќатор методњои инкишофдињии онњо тавсиф дода шудаанд. Методи агглютинатсия – объекти нав дар асоси ба њамдигар пайваст кардани ќисмњои таркибии ду объекти аллакай мављудбуда њосил карда мешавад. Масалан, компютер дар заминаи ба њам пайваст намудани ќисмњои таркибии маѓзи инсон сохта шудааст. Методи хурду калонкунї – объекти нав дар заминаи хурду калон кардани объекти мављудбуда њосил карда мешавад. Методи ба ќисмњои алоњида људокунї – объекти нав дар асоси ба ќисмњои људогона таќсим кардани объекти мављудбуда њосил карда мешавад. Методи якљоякунї – баръакси методи људокунї мебошад. Њамчунин барои инкишоф додани тафаккури физикии донишљўён аз методи аналогия (шабоњатдињї), методи соддакунии объект (ихтисор кардани шумораи деталњо) ва ѓайра истифода бурдан мумкин аст. Њамин тариќ, барои инкишоф додани тафак­кури физикии донишљўён устод бояд раванди таълимро тарзе ташкил кунад, ки донишљў аз ќисми камањамият фарќ кардани ќисми асосию муњими объекти омўзиширо азхуд намояд. Бо ин маќсад аз усули такмил додани объекти сохташаванда истифода кардан мумкин аст. Аз донишљў даќиќ сохтани Бар чењраи гул насими Наврўз хуш аст, Дар сањни чаман рўи дилафрўз хуш аст. Аз дай, ки гузашт, њар чї гўї, хуш нест, Хуш бошу зи дї магў, ки имрўз хуш аст. * * *

Чун абр ба Наврўз рухи лола бишуст, Бархезу ба љоми бода кун азм дуруст. К-ин сабза, ки имрўз тамошогањи туст, Фардо њама аз хоки ту бархоњад руст. * * *

Рўзест хушу њаво на гарм асту на сард, Абр аз рухи гулзор њамешўяд гард. Булбул ба забони њол назди гули зард, Фарёд њамекунад, ки «Май бояд хвард». 46

нусхаи аслии объекти омўзишро талаб кардан мувофиќи маќсад нест. Объекти сохташаванда (омўхташаванда) аз ќисмњои хурди камањамият, ки барои моњияти асосии объекти сохташавандаро дарк кардан наќши муњиме намебозанду ваќти зиёдро талаб мекунанд, бояд озод карда шаванд. Бо маќсади инкишоф додани тафаккури физикии донишљўён устод зина ба зина аз методњои маъмули проблемагузории зерин истифода бурда метавонад: – худаш проблемагузорї намуда, роњњои њал кардани проблемаро ба шогирдон нишон медињад; – проблемагузорї намуда, таваљљўњи шогирдонро барои якљоя њал намудани он љалб менамояд; – проблемагузорї намуда, аз шогирдон мустаќилона ёфтани роњи њалли онро хоњиш менамояд; – шогирдонро барои мустаќилона проб­ лемагузорї намудан ва пайдо кардани роњи њалли он водор менамояд. Ќайд кардан љоиз аст, ки эътироф кардани муваффаќияти ночизи шогирд њам яке аз методњои инкишоф додани тафаккури физикии шогирдон ба шумор меравад. Бинобар ин њангоми бањодињї ба мањсули тафаккури физикии шогирдон устод бояд нозукбинона амал намуда, моњияти њар як бањои гузошташавандаро ба онњо фањмонад. * * *

Дар дар фасли бањор агар буте њурсиришт Як соѓари май бар дињадам бар лаби кишт, Њарчанд ба назди ом(м)а ин бошад зишт, Саг бењ зи ман аст, агар кунам ёди бињишт. Умари Хайём * * *

Наврўз шуду бунафша аз хок дамид, Бар рўи љамилони чаман нил кашид. Касро ба сухан намегузорад булбул, Дар боѓ магар ѓунча ба рўяш хандид. Вањшии Бофиќї «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Рањматшо РАЊМАТОВ, омўзгор

ТАРБИЯ - РОЊИ БУЗУРГИ КАМОЛОТ Њељ падаре тўњфае бењтар аз адаб ба фарзанд надода. Ќуръон Нуре, ки дар вуљуди инсон аз рўзи таваллуд љой мегирад, оњиста-оњиста арзишманду рахшон гардида, ба атрофиён низ роњнамо мешавад. Ин нурро дар вуљуди њар як шахс Парвардигор бо фазлу хиради падару модари мењрубону дилсўз ва омўзгорони хирадманд шўълавар месозад. Эмомалї РАЊМОН Инсон њусни замин асту одоб њусни инсон. Натиљаи олии аќли инсон донишу адаб аст. Адаб бењтарин тўњфа ба фарзанди арљманд аст. Бузургтарин соњибони ахлоќи њамида паёмбарон ва олимону донишмандонанд ва шарифтарин илм ахлоќ аст. Бузургон пандњои хешро бо зеботарин калом ороста, ба завќи мардум созгор кардаанд. Бедили бузург фармудааст: Тарбият чист? Хок зар кардан, Ќатраи обро гуњар кардан. Тарбия бењтарин роњест ба сўи камолот ва ба осонї ба даст намеояд. Аз мавзўи ахлоќ умдатар мавзўе нест, зеро тамоми хубињои олам аз ахлоќи њамида ибтидо мегиранд.

Агар ахлоќу илм њамроњ бошанд, њамчун љилои сайќал шахсро пурнуру тароват мекунанд. Њатто њайвонеро, ки аз паи некон равад, Худованд дар назди мардум азиз мегардонад. Муаллими ахлоќ Саъдии бузургвор гуфтааст: Саги асњоби Кањф рўзе чанд, Паи некон гирифту мардум шуд. Њамсари Лут бо бадон биншаст, Хонадони нубувваташ гум шуд. Тарбияи хуб натиљаи олии аќлу хирад аст. Тамоми бузургони олам бо сабаби њусни хулќ ба мардум хизмат намуда, ба мартабаи бузургї расидаанд. Дар рўи замин њар чї зебо њаст, натиљаи тарбия аст. Њар фарде, ки барои мардум

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

хизмат мекунад, пеш аз њама соњиби ахлоќи њамида аст. Хиради Фирдавсии бузург, афкори гуњарбори Саъдии равшанзамир, муњаббати Њофизи оламшумул, маъна­ вияти Низомї ва дигар афкори тарбиявии бузургону ситорањои дурахшони ањли илму адаби љањон бояд роњ­ балади насли наврас бошанд. Аќидањои рангину нурбахши ниёгонамон, ки барои ањли башар хизмати босазое кардаанд, барои насли љавон дастурамали хуб мебошанд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санади нињоят арзишманду сариваќтї буда, барои ояндаи сарнавиштсози наврасо47


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

ни мо маќоми арзандае дорад. Махсусан, дар моддаи 8-уми ќонуни мазкур ўњдадорињои падару модар дар тарбияи фарзанд равшану фањмо сабт шудаанд. Бояд ќайд намуд, ки дур мондани хонандагон аз тарбия ва таълим сабабгори асо­с ии њуќуќвайронкунии кў­­дакон аст. Тарбия кашфи истеъ­додњо, кашфи нишона­ њои бењтарини одамият, кашфи ахлоќи њамида ва масъулиятшиносии шогирдон аст. Аз ин лињоз љањонро бояд «ба чашми хирад» дида тавонему аз «таљрибаи рўзгор» бањра барем. Инсон бояд тамоми рўи оламро зебо созад, ба зебои­ њои табиат њусни нав зам кар­да, пеш аз њама ба мардум хизмати арзанда кунад. Аз ин лињоз ин љо наќши тар­бия басо муњим аст. Ба ќавли мактабшиноси шинохта Мирзоањмад Ањмадзода, «Фарзанди шоиста посбони ќалъаи номуси хонавода мебошад». Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон» омадааст: «Шањр­ванди масъулиятшинос фонди тиллоии њар як љо­меаро ташкил медињад». Аз ин лињоз мо бояд дар тар­бияи њисси масъулиятшиносии насли наврас кўшиши фавќулодат намоему ба ар­ зишњои маънавї љавонї ва тароват бахшем. Бояд шогирдонеро тарбия намоем, ки ба воситаи одобашон дурахшанду ба воситаи аќлашон бузургу тавоно бошанд. 48

Барои ба мардум ва ба дав­лати худ хизмати арзанда кардан дар нињоди шогирдон њисси масъулиятшиносиро тарбия кардан яке аз муњимтарин ва асоситарин љињатњои тарбия аст. Бузурге фармудааст: Чу офтоб ба њар заррае нигоњ андоз, Чу абр сояи рањмат бар гиёњ андоз. Баланду пастии дунё ќафои њамдигар аст, Агар ба моњ барої, назар ба чоњ андоз. Њисси масъулиятшиносї шахсро водор мекунад, ки љо­нашро барои халќу ватани азизи худ нисор кунад. Ше­рак, Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва Ќањрамонони Тољикистон Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоњ Шоњ­ темур, Нусратулло Махсум, Эмомалї Рањмон дар назди миллату сарзамин намунаи олии масъулиятшиносиро нишон додаанд. Файласуфи бузург Афлотун фармудааст: «Агар мепурсидед, ки маориф чї ањамият дорад, љавоб тайёр аст: маориф одамони хуберо тайёр мекунад, ки онњо рафтори наљиб содир мекунанд». Пеш аз њама бояд худи тарбиятгар ахлоќи њамида дошта бошад, зеро ойина њар ќадар беѓубор бошад, њамон ќадар акси пешорўяшро шаффоф нишон медињад. Имконияти хубу бењтари тарбия дар оила вуљуд дорад. Суханшунаву гапгир шудани кўдак зинаи аввалини тарбия аст. Муњим он аст, ки пада-

ру модар ба ў ягон супориши вазнин надињанд. Супоришњо боястї мувофиќи имконияти кўдакон бошанд. Оњанги фармоишї, мењрубонона, оромона, вале ќатъї дошта бошанд. Танбалї душмани ашшадии тарбия аст. Интизом ва реља ду восита ва ё ќаноти асосии тарбияанд. Интизом самараи кори тарбия буда, реља воситаи кори тарбия аст. Маќсади асосии реља фароњам овардани таљрибаи дурус­ти интизомнокї мебошад. Му­ њимаш одат кунонидани кў­ дакони хурдсол ба ростгўї, ростќавлї, бовиљдонї ва масъ­улиятшиносї аст. Агар кўдаконро то 5-со­ лагї ба корњои хуб одат кунонем ва аз 5-6 солагї баъзе унсурњои донишомўзї, алифбо, раќамњои математикї дар доираи то садињо ва ѓайраро омўзонем, хуб мешавад. Аммо завќи шеъргўии кўдак хеле барваќт оѓоз меёбад, инчунин ба варзиши сабук майл кардани кўдак басо муњим аст. Давраи ба балоѓат расидан айёми њассосу душвори тарбия мебошад. Муњим аст, ки кўдакон аз хурдї ба донишомўзї ва варзиши сабук, шеъргўї, чистонёбї, бозињои гуногуни варзишї (шоњмоту шашка, футбол ва ѓайра) машѓул бошанд, то бекор намонанду ин давраи душвори ба балоѓат расиданро ба осонї гузаронанд. Дар ин давра бекормонии кўдак душмани ашшадии тарбия аст. Барњаќ, «ахлоќи аз њама зебо ќаноат кардан аст» ва «бадтарин хулќи инсон ѓазаб

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

аст». Устоди њунарманд аз шахси дилсанг фарди рањмгин месозад. Мураббии бењунар одами дилсанг ба бор меорад. Ахлоќро илми хушбахтї гўем, хато намекунем, зеро тамоми хубињои олам аз ахлоќи зебо ибтидо мегиранд. Агар муњаббат бошад, одоб њам мешавад ва ин ду ќаноти бузургию хушбахтии инсонњоянд. Муњим аст, ки њар шахс фарзандашро дўст дорад. Дар акси њол имконияти бадахлоќ шудани фарзанд пайдо мешавад. Шахсе, ки кўдаконашро дўст намедорад, дигаронро низ дўст нахоњад дошт. Бузурге фармудааст: «Мурѓ њам чўљањояшро дўст медорад, аммо тарбияи дуруст карда тавонистан кори басо мураккабу маќсаднок аст ва бењтарин рањнамое сўи олами инсоният аст». Њар ќадар нафс зиёд шавад, беодобї њамон ќадар меафзояд, яъне нафсу шайтон њамеша њам­ роњанд. Агар ахлоќу дониш њамроњ бошанд, њамчун љилои сайќал инсонро хубу зебо месозанд. Агар зану мард бо њам мењрубон бошанд, фарзандашон соњиби хулќи хуб хоњад шуд. Оила бењтарин макони тарбия мебошад ва ин имконияти тарбиявиро ягон таълимгоњи бењтарин надорад. Обрўю эътибор, намунаи ибрат ва шахсияти њар падару модар кўдакро тарбия мекунад. Нуре, ки дар вуљуди мо аз рўзи таваллуд љой мегирад, оњиста-оњиста дар рафти зин­дагї мунаввар гардида, дар натиљаи тарбияи ахлоќи њамида ва зањматњои бофаз-

лу хиради омўзгор шахсро ба ќуллањои камолот мерасонад. Њофизи лисонулѓайб фармудааст: Њофизо, илму адаб варз, ки дар маљлиси унс, Њар киро нест адаб, лоиќи сўњбат набувад. Бузургон дар роњи раси­ дан ба камолот кўшиши фав­ ќу­лодат анљом додаанд. Мо бояд дўстдори тарбия ва дўст­ дорандаи тарбиятомўз бошем. Тарбиятгарро зарур аст, ки бо камоли кордонї хис­латњои волои ахлоќиро дар хулќу атвори тарбиятги­рандагони хеш парвариш дињад. Муаллими ахлоќ Саъдии Шерозї бомаврид гуфтааст: Чу хоњї, ки номат бимонад баљой, Писарро хирадмандї омўзу рой. Дар љои дигар мегўяд: Сангеву гиёње, ки дар он хосияте њаст, Аз одамие бењ, ки аз ў манфиате нест. Тарбия пеш аз њама ба занмодар вобастагии ќавї дорад. Ба ќавли Саъдии бузург: Зани хубу фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Агар мор зояд зани бордор, Бењ аз одамизодаи девсор. Бедили абулмаонї фармудааст: Њар љо мўе хилофи мардум бошад, Сарриштаи рабти одамї гум бошад. Аз ин љињат нозуктарин чиз тарбия аст. Бояд, ки од­ ди­тарин ва хурдтарин ё ки кам­тарин зарра беадобиро

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

дар дили худу шогирдон роњ надињем. Бинобар ин, бояд омўзгор ва волидон дар ёд дошта бошанд: Ба суханони фарзанд диќ­ ќати љиддї дињед ва ўро гўш кунед; аз ў бисёр талаб накунед; шахсияти ўро эътироф на­моед; ўро таъриф, танќид ва сарзаниши бисёр накунед; њамеша бо мењрубонї ўро ба донишомўзї љалб намоед. Зинањои асосии ахлоќи ња­м ида инњоянд: дурї аз бад­корону баодомўзон; ба кўдак омўхтани ростќавлї, ростгўї, росткорї; суханшунаву гапгир тарбия намудани кўдак; њамнишинї бо дўстони хушахлоќ; бекор намондани кўдак (њамеша ба донишомўзї, варзиши сабук ва бозињои гуногуни варзишї машѓул будани ў). Се омили муњими тарбия инњоянд: нахуст, шогирд бояд кўшиш намояду ранљ кашад; дувум, устод бояд њалиму мењ­рубон бошад; севум, падару модар бояд фарзандро даст­гирї намоянду назорат кунанд. Барои хуб инкишоф ёфтану хушахлоќ шудани кўдак мењру муњаббати самимї; навозишњои мењрубонона; муносибатњои њалимона ва навозишкорона; талќин намудани пайравї ба бузургон; бањо додан ба хислату рафтори хуби ў; њамеша ёдрас намудани ќоидањои талабагї ва риояи њатмии он; дар муомилаву муошират намунаи ибрат будан; ташвиш ва тарѓиби ахлоќи нек; сутудани фазилатњои 49


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

хуб; истифодаи филмњои њу­ нарии маърифатї; ташкил ва баргузории вохўрињои суд­ манд бо куњансолон ва шах­ сони барўманд; гузаронидани чорабинињои гуногуни маърифатї; ташкили соатњои тарбиявии пурмазмун дар мак­таб зарур аст. Баъзе сабабњои коњиш ёфтани ахлоќи кўдакон инњоянд: 1. Дур шудан аз усули таълиму тарбияи худї ва тарки тарбияи аслї боиси сустирода ва бедониш ба воя расидани кўдак мегардад. 2. Њамнишинї бо одамони бадахлоќи бетарбия: Бо моњ шинї, моњ шавї, Бо дег шинї, сиёњ шавї. 3. Ваќте ки фарзанд аз му­ њаб­бати падару модар мањ­ рум гардад, дар љомеа чун каљрафтор ба воя мерасад, бо афроди љомеа њамкорї намекунад ва пайванд њам намешавад. 4. Фаќру нодорї ва бекор мондани кўдакон. 5. Низоъњои оилавї: Дари хуррамї бар сарое бубанд, Ки бонги зан аз вай барояд баланд. 6. Бепарастор мондани кў­ дакон. 7. Њамнишинї бо нашъамандон ва кўдакони бадахлоќ. 8. Тамошои намоишномањо ва манзарањои бешармона. 9. Бепарвої ва беањамиятии падару модар ба фарзанд. 10. Дуруст тарбия карда на­тавонистан ва ё роњњои тар­ бия карданро надонистану на­ омўхтани волидайн. 11. Муомилаи бади волидайн ба фарзандон. 50

12. Тарзи њаёти солимро наомўхтани кўдак. 13. Аз хурдї тарбияи дуруст нагирифтанї кўдак. 14. Дар гирду атрофи кўдак камбуди одамони масъулиятшинос ва масъулиятшиносиро талаб накардан аз ў. 15. Сатњи пасти дониши кўдакон. 16. Барномаву намоишномаи ахлоќиро камтар тамошо кардан ва кам китоб хондани кўдакон. 17. Аз бадкирдорї ва гу­ ноњи бад натарсидани кўдак. 18. Коста будани ахлоќи волидайни кўдак. 19. Эътибор надодани волидайни кўдак ба меъёрњои ахлоќї. 20. Аз тазоњуроти баде, ки аз хориљ меояд, дур набудани кўдак. 21. Бањо дода натавонис­ тан ва ё арљгузорї накардани падару модари кўдак ба меъёрњои ахлоќї. 22. Ба донишомўзї ва ди­ гар шуѓлњои фоиданок маш­ ѓул набудани кўдак. Баъзе роњњои тарбияи ах­ лоќи њамида, ба назари мо, инњоянд: 1. Аз бадомўзон дур будан ва бадї накардан сари њамаи некўињост. Саъдии бузург гуфтааст: Нигањ дор з-омўзгори бадаш, Ки бадбахту тира кунад чун худаш. 2. Гуноњ накардан инсонро хушбахти рўи олам намуда, оњиста-оњиста ба мартабаи бузургї мерасонад. 3. Барои тарбияи хуб ду чиз муњим аст: яке муњаббат

ба кўдак, дигаре ўро эњтиром кардан. 4. Аввалин њаќќи падару модар дар тарбия њалол хўрондану пўшонидан, номи накў ва илмомўзї кардан аст. 5. Дар тарбияи атфол сухани нарму ширин усули самарабахштарин аст. 6. Ба кўдак њам ахлоќи нек ва њам дониш омўзонидан му­ њиманд, зеро ахлоќи њамида ва дониш нишонаи асосии одамгарианд 7. Туфайли фањму дарк намудани суханњои њикматомез дар тафаккури шогирдон та­ ѓйироти мантиќї ба амал ме­ ояд. 8. Нињоят муњим аст, ки ху­сусиятњои фикрї, љисмонї ва маънавии њар як шогирдро омўзгор тањќиќ ва дарк намояд. 9. Дар тарбия аз њама му­ њим мењру муњаббати самимї аст, зеро кўдак касеро дўст дорад, ба ў пайравї мекунад. 10. Пайравї ба бузургон хубтарину бењтарин ва шарафтарин ахлоќ аст. 11. Шарти дигари тарбия фарзандро аз омилњои ба­рангезандаи шањват дур дош­тан ва дар ваќти холї ба донишомўзї, варзиши сабук ва њунаромўзї машѓул намудан аст. 12. Интизом натиљаи пур­ машаќќати тарбия аст. 13. Ба омўзгорону волидайн муњим аст, ки ваќте ягон фармоиши амалї медињанд, бояд пеш аз њама оњанги оромона ва мењрубонона, вале њама ваќт ќатъї доштанро ёд гиранд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

14. Шарти дигари тарбия аз доираи гурўње, ки бозињои бемазмун, хандањои шайтонї мекунанду мусиќињои бемазмун менавозанд, дур будани фарзандон аст. 15. Мураббї бояд бењта­ рину зеботарину осонтарин роњнамоињоро ихтиёр кунад, то ки бо андак кўшишу фурсат ба зењни шогирдон роњ ёбад. 16. Њељ падаре ба фарзанд атое бењтар аз одоби нек надодааст, зеро ки фарзанд азиз асту одобаш аз вай азизтар. 17. Муваффаќияти тарбия аз муносибатњои ањлонаи ои­ лавї иборат аст. 18. Педагоги барљаста А. Макаренко гуфтааст: «Тарбия эњтиром кардани кўдак, инчунин ба ў боварї доштан ва дар айни њол нисбат ба

вай серталаб буданро талаб мекунад». 19. Тарбияи кўдак рафтори хеле љиддї, хеле сода ва самимонаро талаб мекунад. Баъзе роњњои тарбияи ах­ лоќї дар мактаб инњоянд: а) Дар даромадгоњи мактаб байти зерин мављуд бошад, хуб мешавад: Адаб тољест аз нури Илоњї, Бинењ бар сар, бирав њар љо, ки хоњї. б) Дар гирду атроф ва роњ­ равњои мактаб насби байтњои ахлоќї хуб аст. в) Њамгиро сохтани соат­ њои тарбиявї бо соатњои дар­ сии адабиёт лозим аст, зеро ахлоќи њамида њидояти мах­ суси маќсаднокро талаб мекунад.

Сайри гулзоре, ки, ё Раб, дар назар дорад бањор, Аз паси товус доман дар камар дорад бањор. Шабнами моро ба њайрат об мебояд шудан, К-аз дили њар зарра тўфони дигар дорад бањор… Љилва то дидї, нињон шуд, ранг то дидї, шикаст, Фурсати арзи тамошо ин ќадар дорад бањор. Мањрами набзи раму ороми мо ишќ асту бас, Аз раги гул то хати сунбул хабар дорад бањор. Эй хирад, чун бўи гул дигар суроѓи мо магир, Дар љунун сар дод моро, то чї сар дорад бањор? Сайри ин гулшан ѓанимат дон, ки фурсат беш нест, Дар тилисми хандаи гул болу пар дорад бањор. Бўи гул умрест хунолудаи ранг асту бас, Новаке аз оњи булбул дар љигар дорад бањор. Лола доѓу гул гиребончоку булбул навњагар. Ѓайри ибрат з-ин чаман дигар чї бар дорад бањор? Захми гул умрест дар гирди нафас хобондаем. Дар гиребоне, ки ман дорам, сањар дорад бањор... Чанд бояд буд маѓрури тароватњои вањм? Шабнамистон аст, Бедил, чашми тар дорад бањор. Мирзо Абдулќодири Бедил «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

г) Тарбия муоширати маќ­ садноки дурандешона ва оќи­ лонаро хоњон аст. ѓ) Чорабинињои фарњангї, ташкили мањфилњои гуногуни бадеї, илмї, адабї, тарѓиби тарзи њаёти солим зарур аст. д) Наќли љаззобу пурмазмуни њикояњо, афсонањои ќањ­ рамонї ва ривоятњо. е) Ба ќавли педагоги бар­ љаста А.Макаренко, «заруртарин кори тарбия ба хонандагон талќин намудани худшиносї ва худнигањдорї дар мактаб, оила ва љомеа мебошад». ё) Тарбияи њисси накўкорї ва муносибати хайрхоњона муњимтарин пањлўи фаъолияти њар омўзгор бояд бошад. ж) Муњимтарин вазифаи мактаб тарбияи масъулият­ шиносї ва ба њаёт омода намудани насли наврас аст. Воќеан њам, ахлоќ илми хушбахтї буда, ба инсон нуру тароват ва бузургї мебахшад. Забон мисли тозиёна аст, вале инсони хушахлоќ онро идора мекунад. Агар муњаббат бошад, ахлоќ њамроњи ўст ва ин ду ќаноти бузурги саодату хушбахтии инсонњоянд. Ахлоќи бад мисли хоре мебошад, ки ба пешравї монеа расонида, азобу ранљи бисёре медињад. Тавассути тарбия ва таълими сањењ фарзандро зар кардан мумкин аст, вале агар ў бетарбия монад, аз доираи одамият берун шуданаш њам имкон дорад. Сабабгори асосї дар ин љо падару модаронанд. Мо бояд дўстдори тарбия ва дўстдорандаи тар­ бияомўз бошем. 51


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Ноз ОДИНАЕВА, муаллимаи синфњои ибтидоии гимназияи №1 барои бачагони болаёќати шањри Душанбе, Аълочии маорифи Тољикистон

СЕНАРИЯИ СОАТИ ТАРБИЯВЇ ДАР МАВЗЎИ «ЌАДРИ НОН» Маќсад: Њурмату эњтироми нон ва сарфаю сариштакории нон. Дар нињоди хонандагон тарбия намудани мењру муњаббат нисбат ба нон. Таљњизот: Овезањо, расмњо, њар гуна нонњо (чапотї, фатир, кулча, ќалама) ва лавозимоти даркорї (орд, њезум, гандум, табар, осиёбчаи хурд). Ниќобњо (муш, мурѓ, мурѓобї). Пешбандаки сиёњ ва сафед. Равиши дарс: -Имрўз мавзўи дарси мо «Ќад­ ри нон» аст. Нон чизи муќаддас аст ва барои инсонњо њељ чиз љои нонро гирифта наметавонад. Агар дас­турхон пур аз нозу неъматњо бошаду дар он нон набошад, ба назар холї метобад. Њурмату эњтироми нон дар байни тољикон чунон зиёд аст, ки ба зери болини гањвораи кўдак як пора нон ва ё кулчае мегузоранд, то кўдакро њамроњї кунад, ки дар хобаш натарсад. Дар торикї агар ба роњ бароянд, нонро бо худ њамроњ мегиранд. Агар љавонеро бо духтаре номзад кунанд, бо умед нон мешикананд. Мењмонњои аз роњи дур омадаро дар кишварамон бо нону намак пешвоз мегиранд. Нон яке аз мўъљизањои ќадимтарин дар рўи замин аст. Шоирон дар њаќќи нон шеъру сурудњои зиёде эљод кардаанд. Њоло хонандагон барномаи тайёркардаашонро пешкаши шумо мекунанд. Саломномањо: Ясмина: Рўзи шумо ба хайру Субњи шумо ба ком, Эй мардуми шариф, Бароятон салом! Сафия: Ассалом ёрони хушдил, ассалом, Мењратон дар љону дар дил, ассалом, 52

Дуруду паёмњо нисори Шумо, Азизони давру замон ассалом. Маъфират: Ассалом, эй навнињолони гулистон, ассалом, Ворисони тољу тахти Оли Сомон, ассалом! Ѓунчањои санъати ин боѓу бўстон, ассалом, Аз шумо рахшанда бодо Тољикистон, ассалом! Акнун бахши «Нонбазм»-ро дар иљрои хонандагони синф тамошо кунед. Гурўњи хонандагон нимдавра истода, байтњоро ќироат мекунанд: Мустафо: Нонро тори сар кардем, Базми нонро сар кардем. Иброњим: Нон бошад сурху сафед, Ба шумо бахти сафед. Фаридун: Нонро бигир бо умед, Бахти ту бодо сафед! Ясмин: Нонро додї ба дастам, Аз чашму ќошат мастам. Рустам: Нонро бигир, эй гулрў, Хоњам чун гул монї ту. Мавлуда: Нонат нагардад хазон, Зинда бод Тољикистон! Раљабалї: Нонат дињам, нони зар, Доѓе набинї хоњар. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Шоњсуман: Нонат дињам бо њавас, Як ташаккур моро бас. Сулаймон: Нон дар рўи дарвоза, Ин базм шудаст овоза. Ќурбоналї: Нонатро ошиќ шудем, Тезтар биё, зиќ шудем. Абўбакр: Нонро кардаї пора, Дилам кардї овора. Неъматулло: Кулчањо болои бом, Нонбазми мо шуд тамом. Суруди «Нонреза»-и устод Мирзо Турсунзода зери оњанги мусиќї дар иљрои хонандагони синф садо медињад.

Расми 1. Муаллима: - Шоњ рўзе ба сафар баромада, ба аёдати дўсташ рафтанї мешавад. Ў њамроњаш чизи муќаддасеро мегирад, ташна монда, аз кўл об нўшиданї мешавад. Ногањон аз дасташ њамсафарашро меафтонад. Биёед, бачањо ба шоњ кўмак расонем. Ў дар кўл чиро афтондааст? Бачањо пас аз пурсуљўи зиёд ба хулосае меоянд, ки шоњ дар кўл нонро афтондааст (ниг. ба расми 1). Муаллима: -Акнун бигўед, ки дар бораи нон чї медонед? Мустафо: -Соли 1972 Анатолий Рязан трактори худ ва ѓаллазори хољагиро аз сўхтор муњофизат намуда, ќањрамонона њалок гардид. Иброњим: -Ин љасорат ва шуљоати фарзанди халќи русро љавони 24-солаи тољик трактор«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

чии иттињодияи хољагињои дењќонии ноњияи Данѓара Талбак Лолаев такрор намуд. Майдони оташгирифтаи ѓаллазоре, ки Талбаку рафиќонаш дар муњофизати он љонбозињо карданд, 350 гектарро ташкил медод. Баъди марг номбурда барои шуљоату диловариаш бо ордени «Нишони фахрї» мукофотонида шуд, адибон корномаашро дар асарњои бадеї тавсиф намудаанд. Фотима: -Нон дар кишвари мо арзон мебошад. Дар Амрико ва Фаронса нон хеле ќимат аст. Дар ИДМ ѓалла асосан дар Украина, Русия ва Ќазоќистон кишт карда мешавад. Аюбљон: -Нон зиёда аз 15 њазор сол пеш пайдо шудааст. Аввал одамон гандумро хом мехўрданд. Сонитар онро ба санг кўфта, бо об омехта карда мехўрданд. Ваќте ки пухтани нонро ёд гирифтанд, дар Мисри ќадим чандин њазор сол пеш бо хамиртуруш нон карданро истифода мебурданд. Ин корро аз онњо юнонињову румињо ёд гирифтаанд. Эњсон: -Ривоят мекунанд, ки шоњ фармудааст, ки чизи хушбўйтаринро муайян кунанд. Вазирон аз гули садбарг сар карда то мушки Хутанро оварданд, вале шоњ онхоро ќабул накард. Аз донишманде маслињат пурсиданд ва ў нони гармро маслињат дод. Бўи нони гарм ба шоњ бисёр писанд омад. Сафия: -Дар њаќиќат, дар љањон барои одам аз хўшаи гандум дида гули зеботаре нест. Пеш аз он, ки хўшаи гандум бар рўи дастархон нон шуда ояд, бояд инсон ба он 400 маротиба даст занад. Алиљон: -Барои њамин ќадру ќимати нон баланд аст. Маъмулан агар резаи ноне ба замин афтад, онро гирифта, ба чашм молида мебўсанд. Љавонон пеш аз рафтан ба сафи артиш нони тайёркардаи модарро гирифта, аз лаби он газида насиба мегузоранд ва он то гашта омаданашон дар девори хона овезон меистад. Акнун навбат ба ќироати шеърњо: Азамат: Ёд дорам солњои кўдакї Дар миён барбаста мерафтем. Модарам мепухт нони љаззадор, Кулчањои ширмоли равѓанин. Рухшона: Дар замири пиру барнои Ватан Аввалин номи муќаддас нон бувад, Роњати љон дар тани инсон бувад, Њосили дастони дењќони замон. 53


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Шањбоз: Майсаи зебои гандумзорњо, Дар бањорон ин ќадар дил мебаранд. Шўњрати дењќони мењнатдўстро Бин чї сон манзил ба манзил мебаранд. Зери њавои суруди “Нони гандум” хонандагон мераќсанд. Даравгарон, бобои дењќон, тракторчї, хўшањои гандум дар сањна пайдо мешаванд. Муаллима: -Бачањо ба Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон нигаред, ки дар он расми хўшаи гандум тасвир шудааст. Гандум рамзи чист? Бачањо: -Рамзи серию пурї. Муаллима: -Дар кадом фасли сол гандумро мекоранд? Бачањо: -Дар фасли бањор рўзу шаб баробар мешаванд ва марди дењќон гандумро бо умед ба замин мепошад, то сол серу пур ва пурфайз гардад. Муаллима: -Гандумро дар куљо орд мекунанд? Бачањо: -Гандумро дар осиёб орд мекунанд. Муаллима: -Офарин, азизони ман! Њозир дар бисёр ноњияву дењањо осиёбњои дастї, обї ва электрикї мављуданд, ки дар онњо одамон гандуми киштаи худро орд мекунанд. Муаллима: -Аз орд чанд намуд нон мепазанд? Бачањо: -Фатир, кулча, чапотї, кулчаќандњо, самбўса, ќалама, чак-чак, торт, пирог ва ѓайра. Муаллима: -Бачањо, биёед ба маѓозаи нон рафта мебинем, ки дар маѓозаи нон боз кадом намудњои нон аст. Лекин барои ёфтани номи онњо бояд мисолњоро дуруст ва бехато њал намоем. Дар кроссворди мо номи нонњо пинњонанд.

Акнун сањначаи “Муш, мурѓ ва мурѓобї”-ро дар иљрои хонандагон тамошо кунед. Дар наќшњо: Баранда - Аюбљон Мург - Анора Муш - Иброњим Мурѓобї - Алиљон Раќси “Бадахшонї”. Назаршоњ ва Ясмин иљро мекунад. Ќироати шеърњо. Раљабалї: Љунбиши илњоми дил афзун шавад, Марди дењќон њам басо мамнун шавад. Хоњам ин ки пур бошад дар љањон, Одамї доим бубинад рўи нон. Анора: Зиндагию хуррамї аз нон бувад, Нони гандум ќуввату дармон бувад. Нон муќаддас зеби дастурхон бувад, Иззату икроми њар мењмон бувад. Назаршоњ: Нон, бувад чун љони одам, Ќуввату дармони одам, Зеби дастурхони одам, Њурмати мењмони одам. Мепарастам нони гандум, Хўшањои дони гандум. Њоло панду насињатњоро оид ба нон мешунавем. Бењрўз: -Зару зевар пеши нон њайрон аст. Бежан: -Нон њам нон, нонреза њам нон. Марљона: -Нон боигарии инсон аст. Умарљон: -Исрофи нон гуноњ аст. Бибиоиша: -Нонрезаро пешпо назанед! Маърифат: -Иззати мењмон - нону љой. Рустам: -Бењтарин неъмати олам нон аст. Бо њамин соати тарбиявї бахшида ба “Ќад­ ри нон”-ро ба охир мерасад. Ба њамаи шумо хонаободї ва файзу баракатро дар хонадон орзу менамоям. Дастурхонатон њамеша пур аз нон бошад.

Расми 2. 54

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Мањмадюсуф ИСЛОМОВ, муаллими калони кафедраи математикаи олии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.Осимї

КАСРЊОИ ДАЊИИ ДАВРЇ ВА АМАЛЊО БО ОНЊО Дар амалия мисолњое дучор мешавад, ки касрњои оддї ва дањии давриро дар бар мегиранд. Барои ба таври сањењ њисоб кардани ифодањое, ки дорои касрњои дањии даврї мебошанд, зарур аст, ки касрњои дањии давриро бо касрњои оддї баргардонем. Дар амалия касрњои софи даврї ва касрњои даврии омехта истифода бурда мешаванд, инчунин аз формулаи зерин истифода мебарем: A1 A2…An B1 B2…Bm(Y1Y2...Yn)= A1A2….AnB1B2…Bm(Y1Y2...Yn)-A1A2...An B1B2...Bm = _________________________________________________ {999…9} (000…0) 1) Касрњои софи даврї: 1) Агар баъд аз вергул як раќам дар дохили ќавс бошад, дар касрњои дањии даврї барои ба касри оддї гардонидан дар махраљи касри оддї 10-1, яъне 9 менависанд. Дар сурати каср аз худи адад бе ќавс ва бе вергул адади пеш аз вергулро тарњ (кам) мекунем. Мисоли 1. 1,(3) = Барои касри

=

=

-ро ба касри дањии даврї гардонидан амали зеринро ичро мекунем: = 1.333 … мухтасар чунин менависанд.

2) Касрњои даврии омехта Њолати дигари зеринро дида мебароем. Агар баъд аз вергул ду раќам ояд ва аз ин раќамњо яктояш дар дохили ќавс бошад, яъне давр як раќамро дар бар гирад, онро бо тарзи зайл ба касри оддї мегардонем. Дар махраљи касри оддї 100-10, яъне 90 менависем. Дар сурати каср аз худи адад бе ќавсу вергул адади то ќавс бударо тарњ менамоем: 5,2(3) =

=

=

Акнун касри нодурусти њосилшударо ба касри дањии даврї мегардонем. Барои ин амали таќсимро иљро мекунем:

157  5, 2333333.... 30

Њолати баъд аз вергул ба ду раќам баробар будани даврро дида мебароем. Дар ин љо 1,(45)=

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

=

=

55


МИНБАРИ ТАЉРИБА

дохили ќавс раќами 99-ро нишон медињад. Яъне, 100-1=99. Дар ин сурат чун дар мисоли пештара амал мекунем: =

1,(45)=

=

Акнун касри нодурусти њосилшударо ба касри даврї мегардонем:

48  1, 4 5 4 5 4 5 4 5 . .. 33

Њолати дигарро дида мебароем. Агар баъд аз вергул се раќам ва давр ба ду раќам баробар бошад, дар ин њолат дар махраљ 1000-10, яъне 990 навишта, дар ин сурат чун њолатњои пештараи дар мисолњо дидашуда амал мекунем. Мисол: =

12,1(35)=

=

Акнун исбот менамоем, ки касри нодурусти њосилшуда касри дањии давриро ташкил медињад:

6005  12,1353535... 495

Касри дањии давриеро дида мебароем, ки баъди давраш шаш раќамро дар бар мегирад ва онро ба касри оддї бармегардонем. Мисол: =

13,(692307)=

=

Дар ин љо барои ихтисори касри њосилшуда КТУ-и сурат ва махраљ =

= 13,(692307)-ро

меёбем, ки он ба 76923 баробар аст. Ба зарбкунандањои сода чудо мекунем: 13692294:2 999999:3 6846147:3 666666:3 2282049:3 111111:3 760683:3 37037:7 253561:7 5291:11 36223:11 481:37 3293:37 13:13 89:89 1 1 КТУ (13692294; 999999)= *7*11*37=76923 Амалњо бо касрњои дањии даврї: 1) 2,0(6) + 1,(3) =

2)

2,(45) – 1,2(3) =

3)

56

+

3,00(3)* 1,0(1)=

=

-

+

=

*

=

-

=

=

=

-

=

=

=3,4

=

=1

245973 991 3 81000 27000

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Гулмурод НЕЪМАТОВ, муаллими синфњои ибтидоии мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 11-и ноњияи Варзоб

БОЗИЊОИ ТАЪЛИМЇ ВА УСУЛИ ГУЗАРОНИДАНИ ОНЊО Таълим дар синфњои ибтидої бо бозињои пурмазмуну шавќовар зич алоќаманд аст. Онњо на танњо шавќу њаваси хонандаро нисбат ба дарс бедор менамоянд, балки дар азхуд намудани маводи таълимї низ кўмак мерасонанд. Зеро хонандаи хурдсол бештар ваќт мавзўъњои таълимиро ба туфайли бозї хубтар азбар мекунад. Дар бозињои таълимї њолатњои рўњии хонандагон инкишоф меёбад ва дар баробари ин онњоро дар рўњи одоби нек тарбия менамояд. Дар зер намунаи якчанд бозиро меорем. Бозии «Зинача» Маќсади бозї. Мустањкам намудани дониш оид ба мавзўъњои омўхташуда. Рафти бозї. Муаллим дар як вараќи андозааш 20х30 см расми зиначаро тасвир мекунад. Зинача аз ду тараф - чапу рост иборат аст. Дар њар ду тарафи зинача мисолњо навишта шудааст. 7+7 9+4 9+8

7+5 6+9 4+8

7+8

4+5

Пеш аз оѓози бозї расми зинача дар тахтаи синф гузошта мешавад. Сипас бо иљозати муаллим ду нафар хонанда ба тахтаи синф даъват карда мешаванд. Яке аз онњо мисолњои тарафи чапи зинача ва дигаре мисолњои тарафи рости онро иљро мекунад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1

Касе ки мисолњоро то зинаи боло тез ва бехато иљро мекунад, соњиби байраќча шуда, ѓолиб дониста мешавад. Бозии «Зинача»-ро доир ба њамаи амалњо ташкил кардан мумкин аст. Бозии «Хатоњоро ислоњ кун» Маќсади бозї. Мустањкам намудани дониш. Рафти бозї. Муаллим синфро ба ду гурўњ људо намуда, ба тахтаи синф аз њар гурўњ як нафар хонандаро даъват мекунад. Пеш аз оѓози бозї ба онњо фањмонида мешавад, ки дар вараќчањо мисолњо бо њаллашон дода шудаанд. Вале љавоби баъзе аз онњо нодуруст навишта шудааст. Вазифаи шумо њарчи зудтар навиштан ва ислоњ намудани хатоњо мебошад. Барои мисол дар вараќчаи якум чунин мисолњо навишта шудааст: 5+4=83-3=1 3+7=108+1=9 10-2=97-3=5 Дар вараќчаи дуюм: 3+5=84-4=0 8-5=44+4=7 9-5=32+8=9 Сипас бо ишораи муаллим онњо аз рўи миз яктої вараќчаро гирифта, аз паи ислоњи хатоњо мешаванд. Дар ин бозї њамон гурўњ ѓолиб дониста мешавад, ки намояндаи он зудтар мисолњоро навишта, хатоњоро ислоњ менамояд. Бозии мазкурро на ин ки дар синфњои 1-2, балки дар синфњои 3-4 низ ташкил кардан мумкин аст. Вале дар синфњои 3-4 мисолњо 57


МИНБАРИ ТАЉРИБА

дар вараќчањо каме мураккабтар навишта мешаванд. Бозии «Хомўш бош!» Маќсади бозї. Мустањкам намудани дониш. Рафти бозї. Муаллим пешакї дар вараќи андозааш 20х30 см квадратро тасвир намуда, дар дохили он аломат ва ададро менависад. Тарафњои квадратро бо хатчањо пайваст мекунад. Дар пеши њар як хатча адад навишта мешавад. Барои намуна онро дар зер нишон медињем: 4

8

15

Бозии «Кї зуд меёбад?» Маќсади бозї. Мустањкам намудани дониш ва инкишофи фикр. Рафти бозї. Барои ташкили бозї пешакї дар як вараќ раќамњои интихобкардашуда 5, 10, 15, 1, 17, 9, 13, 8, 12, 20, 4 - бетартиб навишта мешаванд. Њангоми ташкили бозї вараќ дар тахтаи синф часпонида мешавад. Пеш аз оѓози бозї ба хонандагон фањмонида мешавад, ки суммаи се раќами дар вараќа навишташударо ёбед, ки он ба адади 30 баробар бошад. Масалан: 9+1+20=30. Сипас бо ишораи муаллим хонандагон аз паи иљрои бозї мешаванд. Дар бозї хонандагоне ѓолиб дониста мешаванд, ки супоришро бехато ва дар ваќташ иљро мекунанд. Бозии «Њушёр бош!»

·4

10

6

9

19

12

Муаллим њангоми ташкили бозї вараќчаро дар тахтаи синф часпонида, ба бачањо мефањ­монад, ки бозї «Хомўш бош!» ном дорад. Аз ин рў, њангоми иљрои он ягон нафар бача овоз намебарорад. Бозї хомўшона иљро карда мешавад. Баъд муаллим бо ишора хонандагонро ба навбат ба тахтаи синф даъват мекунад. Хонандагон натиљаи ададњои нишондодаи муаллимро дар тахтаи синф менависанд. Агар ягон нафар хонанда натиљаро хато нависад, хонандаи дигар хомўшона даст бардошта, ба назди тахтаи синф меояд ва натиљаи дурусти онро менависад. Њамин тавр, бозии «Хомўш бош!»-ро хонандагон паињам иљро мекунанд. Ин бозиро доир ба њамаи амалњо ташкил кардан мумкин аст. Бо туфайли бозии «Хомўш бош!» дониши хонандагон доир ба мавзўъњои омўхташуда мукаммал мешавад ва дар баробари ин интизоми онњо бењтар мешавад. 58

Маќсади бозї. Мустањкам намудани дониш ва дар нињоди хонандагон ба вуљуд овардани зиракї ва њушёрї. Рафти бозї. Ба тахтаи синф чанд нафар хонанда даъват карда мешаванд. Пеш аз оѓози бозї ба онњо фањмонида мешавад, ки дар ин бозї ададњо - барои мисол 7, 9, 6, 15, 13, 14, 20, 18 ва ѓайра - тез ва бетартиб номбар карда мешаванд. Дар ваќти номбар кардан агар адад ба 3 таќсим шавад, даст мебардоред, агар не, даст намебардоред. Агар хонанда дар сурати номбар кардани ададе, ки ба 3 таќсим намешавад, даст бардорад, аз бозї хориљ карда мешавад ва ба љояш гузашта мешинад. Муаллим пас аз фањмонидан бозиро оѓоз мекунад. Хонандагоне ѓолиб дониста мешаванд, ки то охир дар бозї иштирок мекунанд. Бозии «Њушёр бош!»-ро на танњо њангоми таќсим кардани адади 3, инчунин зимни таќсим ба ададњои 2, 4, 5, 6, 7 ва ѓайра низ ташкил кардан мумкин аст. Ба туфайли ин бозї њам маводи таълимї оид ба таќсим ва њам љадвали таќсим азхуд карда мешавад. Њамин тавр, бозињои таълимї яке аз навъњои фаъолияти хонанда буда, дар инкишофи аќлию маънавии ў ањамияти махсус доранд. «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


АРЗИШДОВАРЇ

Абдушукур ЃАФФОРОВ, Мањмадулло РАЉАБОВ, Гулљањон ХОЉАЕВА, устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнї

ДАСТУРИ арзишманди ТАЪЛИМЇ Сайид Садриддинхољаи Айнї. Духтарбача ё ки Холида (Аз туркии ўзбекї тарљумаи Абдулњай Мањмадаминов). -Душанбе: «Истеъдод», 2010. -46 сањ.) Духтаронам! Шумо кї будани худро донеду аз рўи њамин (Духтарбача ё ки Холида) амал кунед. Агар Шумо соњиби илм, адаб ва ахлоќ бошед, падару модар, акаву додараконатон, кулли халќу кишварро шод менамоед, агар беодобї кунед, њамаро хафа намуда, ба ѓам гирифтор хоњед кард. Сайид Садриддинхољаи Айнї

Ба ќавли адабиётшиноси тољик Шамсиддини Солењ, «Њар ќадар фосилаи ваќт моро аз замони Айнї дуртар мебарад, њамон ќадар чењраи ин фарњангсолори тавоно дар ойинаи таърих равшантару пурљилотар мегардад. Арзиши хизматњо ва шахсияти устод дар назди халќ ба маротиб меафзояд»1. Дар љодаи ай«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

нишиносии тољик дар замони истиќлол профессор Абдулњай Мањмадаминов силсилаи пажўњишњои арзишмандро ба сомон расонида ва хадамоти ў дар ин љода чењраи устод Сад­ риддин Айниро дар ойинаи таърих боз равшантару пурљилотар мегардонад. Аз љумлаи корњои судманди ин муњаќќиќи пуркор аз забони туркии ўзбекї ба забони тољикї тарљума намудани «Духтарбача ё ки Холида»-и устоди гаронмоя Сайид Садриддинхољаи Айнї ва нашри он мебошад. Профессор Абдулњай Мањ­ мадаминов, китоби устод Садриддин Айниро аз рўи матни аслии он - «Ќизбола ё ки Холида. Ибтидоий ќиз мактаблари учун. Адабий, ахлоќий уќув китобий (Ноширий: Абдулвоњид Мунзим). -Берлин: «Ковиёний» ширкатнинг чопхонасида, 1924, -20 б» тарљума ва нашр намудааст. Тавре мутарљим дар пешгуфтори ин китоб менависад: «Инсон ва махсусан камолоти маънавии ў дар системаи аќидањои тарбиявию ахлоќї, ба вежа, таълимоти педагогии устод Сайид Садриддинхољаи Айнї (1875-1954) љойгоњи хос ва марказї дорад. Дар арсаи мубориза ва саъю талошњо бањри њаёти босаодат ва муваффаќ гаштан ба маќсадњои олї инсони љисману рўњан солим, суботкору иродатманд, билхоса маънан баркамол ва ормонњои нобиѓањои гузашта ва фарзандони арљманди муосир мебошад, ки ба њукми рањнамои имрўзу оянда ќарор дорад».2 59


АРЗИШДОВАРЇ

Дар айнишиносии тољик агар бори аввал мунаќќид ва адабиётшиноси маъруфи тољик, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Соњиб Табаров3 дар маќолаи «Дар бораи як китоби фаромўшшудаи С.Айнї» (1957) оид ба таърихи эљод, мўњтаво ва арзиши «Духтарбача ё ки Холида» мулоњизањо баён карда бошад, пас профессор Абдулњай Мањмадаминов баъд аз 88 соли таълифаш онро аз туркии ўзбекї тарљума ва нашр намуд.*1 Тарљума ва нашри ин китоби дарсии устод Садриддин Айнї дар замони истиќлол њамчун асари таълимї, адабї, ахлоќї ва тарбиявї дар ташаккули маънавии духтарбачањои имрўзаи тољик бањри парвардани хулќу атвори њасана, такмили донишу њусну гуфтор аз њар љињат писандида ва пандомўз мебошад. Ин китоби пурњикмат дастури пурбањо ва рањнамои хубест барои тарбияи солими ахлоќию маънавии фарзандони накўкирдор ва накўгуфтори тољик. Хонандаи ин сатрњо шояд ба андешае равад, ки чаро устод Садриддин Айнї ин китоби дарсї ва пандомўзро ба забони тољикї нею ба забони туркии ўзбекї таълиф намуд? Посухи ин саволро аз сармаќолаи нахустин шумораи рўзномаи «Овози тољики камбаѓал» ба номи «Дебоча ва маром» (25.08.1924) љустан мебояд: «…тољикон дар муддати њафт соли аввали Њукумати Шўрої (солњои 1917-1924) дар «водии хомўшон», яъне ќабристон ќарор доштанд. Фишору таъќиби тољикон аз тарафи туркњо ва пантуркистњо, дар арафаи таќсими њудудњои миллии Осиёи Миёна ва махсусан дар ваќти ташкили мухторияти миллати тољик хеле ављ гирифта буд. Пантуркистон мављудияти халќи тољик ва забону адабиёти бостонии онро ба куллї инкор мекарданд. Ин буд, ки худро тољик гуфтан љиноят њисоб мешуд ва барои ба тољикї гап задан љарима мебастанд…».4

* Ин андеша андаке тањрирталаб аст, зеро аввалин бор соли 1965 дар маљаллаи «Занони Тољикистон» (№9, сањ. 18) се њикоя аз китоби «Духтарбача ё ки Холида» дар тарљумаи Турсун Ѓаниев ба тољикї чоп шуда буд. Баъ­ дан донишманди гавњаршинос Масрури Абдуллоњ ин ки­тоби хониши ахлоќї ва адабї барои мактабњои ибтидоии духтаронаро аз рўи нашри тошкандии соли 1964 (тањия ва пешгуфтори А.Њасанов) ба тољикї тарљума намуд, ки он бо муаррифии мухтасар дар маљаллаи «Маорифи Тољикистон» (2006, №1, сањ.31-42) ба нашр расид. - Идораи маљалла.

60

Сабаби ба забони туркии ўзбекї таълиф гардидани ин китоби пандомўз як навъ рањоии Садриддин Айнї дар солњои баъдиинќилобї то таъсиси Љумњурии Мухтори Шўравии Тољикистон аз чанголи пантуркистон ва тољикони туркгарои њамон давра буд. Ин китоби пандомўз бо суханони саршор аз мењру муњаббати самимї ба духтарону занон, маќому наќши бузурги онњо дар хонадон, оила ва љомеа оѓоз мегардад, ки њам дар замони устод Садриддин Айнї ва њам дар шароити имрўзаи соњибистиќлолї баѓоят пуразиш мебошад: «Духтарбача азизтарин меваи умри њар як падару модар аст. Духтарбача дар њангоми ѓаму андўњи бародаронаш мењрубонтарин њамрози онњост. Духтарбача обрў ва номуси ќавму хешони худ аст. Духтарбача зинати хона ва давлати хонадон аст. Духтарбача боѓи ватан ва чароѓи миллат аст.»5 Дар ростои ин навиштањо бояд ќайд кард, ки ин китоби пандомўзро бародарони ўзбек ба хотири арзиши баланди маърифативу ахлоќї ва ќимати бузурги тарбиявї доштанаш њанўз соли 1964 тавассути нашриёти «Мактаби миёна ва олї» бо теъдоди 5000 нусха ба забони туркии ўзбекї ба нашр расонида буданд. Ин дар њоле буд, ки омўзгорону мактаббиён ва хонаводањои тољик дар он солњо имкони дастрасї ба ин китоби пандомўзро ба забони тољикї надоштанд. Хидмати бузургу пурарзиш ва судманди профессор Абдулњай Мањмадаминов на танњо аз туркии ўзбекї тарљума намудани «Духтарбача ё ки Холида»-и Сайид Садриддинхољаи Айнї мебошад, балки ин фидоии миллат аз њисоби худ ин китоби пандомўзро нашр кардааст. Бояд зикр кард, ки тарљумаи ин китоб аз тарафи профессор Абдулњай Мањмадаминов аз рўи матни аслии давраи барњаётии Садриддин Айнї (нашри соли 1924) сурат гирифтааст. Мутарљим тарљумаи ин китоби пандомўзро пеш аз њама ба сабаби он, ки дар нашри Тошканд (С.Айнї. Ќизбола ё ки Холида. -Тошканд: «Ўрта ва олий мактаб»,1964) баъзан таѓйирот ва дар баъзе маврид ба тањриф дучор омадан «Маорифи Тољикистон», 2013, №1


АРЗИШДОВАРЇ

ва њамчунин «дар ќатори осори педагогии устод Айнї дар оянда ба куллиёти нависанда ворид гардонидан…»6 зарур донистааст. Аз тарафи дигар, дар замони шўравї аз ќисмати «Занњои машњур»-и ин китоби пандомўз матни зерин: «Донандагони илми њадис, яъне суханони мубораки Пайѓамбарро (с) хонда, аз бар намудагон 80 нафар мебошанд, дар илми фиќњ 11 нафар ба мартабаи муфтигї расиданд, 24 нафар дар соњаи фиќњ китоб тасниф кардаанд»-ро ба ќавли мутарљим: «аз хавфи таъќиби маќомоти њизби коммунист ва Њукумати Шўравї, ки сиёсати атеизми давлатиро бо тамоми љиддият сармашќи кори худ ќарор дода буданд», бидуни ќайду шарњ њазф намудаанд.7 Барњаќ, «њамаи хостањои муаллиф ва њадафу мароми аслии ў дар атрофи фаъолияти Холида, ки дар нињояти кор чун як симои идеалї, шахси боилму маърифат, мењнатдўсту фаъол, ташаббускор ва аз њар љињат намунаи ибрат муљассам мегардад, љамъбаст шудааст. Аз ин љињат аќидањои тарбиявию ахлоќї ва педагогие, ки устод Айнї дар китобњои пештарааш, махсусан «Тањзиб-ус-сибён» ба миён гузошта буд, дар «Духтарбача ё ки Холида» хеле такомул ёфта, моњиятан вусъат пайдо кардаанд».10 Ин китоби пандомўз дастури

гаронбањои таълимї ва рањнамои зиндагист, ки мутолааи он хонандаро ѓизои маънавї ва камолоти ахлоќї мебахшад. Ќайд кардан бамаврид аст, ки профессор Абдулњай Мањмадаминов дар тарљума ва нашри ин китоби пандомўз тамоми меъёрњои тарљумаро риоя намуда, хонандаро бо фењристи номњо, манбаъ ва асарњои зикргардида, рўзномаю маљаллањо, номњои ашхос ва љуѓрофї шинос месозад ва хонанда зимни мутолиаи ин китоби пандомўз бо мушкиле рўёрў нахоњад шуд. Пайнавиштањо: 1. Шамсиддин Солењов. Адабиёт ва шинохти он. -Душанбе: «Ирфон», 2009, сањ. 98. 2. Сайид Садриддинхољаи Айнї. Духтарбача ё ки Холида. Аз туркии ўзбекї тарљумаи Абдулњай Мањмадаминов. -Душанбе: «Истеъдод», 2010, сањ.3. 3. Табаров С. Њаёт, адабиёт, реализм.-Душанбе: Ирфон, 1966, сањ.82-95. 4. Сайид Садриддинхољаи Айнї. Духтарбача ё ки Холида. 5. Њамон љо, сањ. 12. 6. Њамон љо, сањ. 17. 7. Њамон љо, сањ. 36. 8. Њамон љо, сањ. 17. 9. Њамон љо, сањ. 36. 10. Њамон љо, сањ. 14.

Нурбахши ЉАЊОНГИР

БЕЊИН РОЊНАМО БАЊРИ ДОНИШПАЖЎЊ Солњои охир дар мако­ тиби олии кишвар ба кор­ њои мустаќилонаи илмии до­н ишљўён ањамияти зиёд медињанд. Њадафи фанњои барномавии таълимї низ бар он нигаронида шудааст, ки шогирдон маводи дарсиро хуб азбар намуда, бо донишњои устувори назарї мусаллањ гарданд ва мустаќилона ба корњои илмиву тањќиќї машѓул шуда

тавонанд. Донишљў дар давоми тањсил бояд реферат, кори санљишї, кори курсї нависад, дар дарсњои семинарии ихтисосї, мањфилњо ва конфронсњои илмии дониш­ љўён маърўза кунад ва билохира поённомаи тањсилї (ри­солаи дипломї) нависад. Ин корњои зањматталаб аз донишљў муносибати басо љиддї, дониши фароху пур-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

вусъат, мустаќилияти андеша ва эљодкориро таќозо менамоянд. Дастури нави таълимии доктори илми филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тољики Донишгоњи миллии Тољикистон Бадриддин Маќсудов «Равиши тањќиќи адабиётшиносї», ки аз тариќи нашриёти «Сино» чоп шудааст, аз љумлаи кўшишњои аввалин ва басо муфиду омўзанда 61


АРЗИШДОВАРЇ

барои тадриси сањењи роњу усулњои иљрои корњои хаттии илмии донишгоњї дар соњаи адабиётшиносї мебошад. Барои таълифи кори илмии донишгоњї аз чї бояд шурўъ кард? Мавзўи корро чї тавр бояд интихоб кард? Муњимтар аз њама чї тавр онро аз рўи ихтисос дар ваќти муайяншуда ба сифати љавобгў ба талабот навишт ва бањои сазовори мусбат гирифт? Инњо аз љумлаи суолњоеанд, ки њар як донишљў њамеша посухи муносибашонро љўё мешавад. Тавассути дастури мазкур муњаќќиќ Б.Маќсудов донишљўёнро ќадам ба ќадам ба њамаи даврањои тањќиќ ворид намуда, тадриљан малакаву мањорати мустаќилона машѓул шудан ба кори илмиро меомўзонад. Муаллиф дар оѓоз бо муњаббати афзун аз се насли устодони факултаи филологияи Донишгоњи миллии Тољикистон ёдовар шуда, ба шогирдон талќин менамояд, ки бо дасту дили гарм ба андўхтани илму дониш машѓул шуда, ба равиши илмї навиштанро омўзанд. Баъди тавзењи мафњум ва маќсади тањќиќи илмии адабиётшиносї роњу усулњои таълифи анвои корњои илмии донишгоњї - реферат, маърўза, кори санљишї, кори курсї, рисолаи дипломї ва маќолаи илмї ба сурати басо содаву возењ ва мантиќї нишон дода шуда, талаботи куллї ба сохтори кори илмї бозгў гардидааст. Дар воќеъ, њар як пажў­ њиш­г ар дар рафти тањќиќ дар робита бо маќсаду вазифаи пешгузошта аз ин ё он равиш(метод)-и муайян ё вобас­та аз андозаи мавзўъ ва 62

њаљми тањќиќ аз як ё якчанд равиш метавонад истифода кунад. Вазифаи равиш низоми илмї бахшидан ба тањќиќ буда, истифодаи равиши муайян ќаламрави тањќиќ, љамъоварии мавод ва дастабандї кардани онњоро зери назорат мегирад ва барои хулосабарории сањењ мусоидат мекунад. Дар дастури «Ра­ виши тањ­ќ иќи ада­ биётшиносї» маъ­ мултарин равишњои м а в ­љ у д а и т а њ ќ и ќ дар замони муосир - иљтимої (сотсио­ логизм), таърифї (де­ф инитивї), ис­ тид­л олї (ар­г ументативї), тат­биќї-муќои­савї (ком­па­ ративї), оморї (статистикї), ш а р њ и њ о л ї ( б и о ­г р а ф ї ) , равон­т ањлилї ё ра­в онкобї (психоаналитикї), сох­т ор­ шиносї (структу­р алис­т ї), тавсифї (њерменевтикї ё экс­ позиторї) шарњ дода шуда, мансубияти пажўњиши муњаќ­ ќиќони варзидаи адабиётшиноси тољик ва хориљї ба ин ё он равия бо далоили мушаххас собит гардидааст. Дар бахшњои дигари дастур равишњои иќтибос ва истинод ба адабиёти илмї, усули баргузидани калима ва аломатњои нигориш, усулњои таќсими баданаи матни илмї, талаботи умумї нисбат ба услуби матни илмї ва ахиран усули баргардони солшумории њиљрии ќамарї ва шамсї ба мелодї баён гардидаанд, ки мушкили донишљўёнро хеле осон менамоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар дастури мазкур њамзамон бо љой дош­тани андак наќсњои техникї баъзе љумлањои тањ­ рирталаб низ - дар сањифањои 33 (сатр­њои 4-5 аз поён), 35 (сатри 14, аз боло), 38 (сатрњои 8-9, аз боло), 73 (сатрњои 9-10, аз поён) - вомехўранд, ки ислоњи онњо дар нашрњои минбаъда бамаврид менамояд. Дар маљмўъ таълиф ва нашри дастури «Равиши тањќиќи адабиётшиносї»-и профессор Бадриддин Маќсудов арзишу моњияти хоси таъли­ миву маърифатї дошта, аз он на фаќат донишљўёну ма­ гистрантњои бахши филоло­ гияи Донишгоњи мил­л ии То­љикистон, бал­ки кулли ун­ вон­љўён, кормандони муас­ сисањои илмї ва алоќа­мандони илму адаб ба сифати роњнамои бемин­нат истифода бурда метавонанд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Њ. ФАТТОЕВ, саромўзгори ДДЌ ба номи Носири Хусрав, Илњом НИЁЗОВ, хонандаи литсей-интернати муштараки тољикї-туркии ба номи Мавлоно Љалолуддини Румии шањри Ќўрѓонтеппа

АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ТАРОЗУ Аввалин аќидањо оид ба тарозу ба њазор­солаи дуюми то мелод рост меояд. Тарозуњо дар намуди шоњини баробаркитф (Расми 1) бо паллањои овезон дар Вавилони Ќадим ва Миср ихтироъ шуда, истифода бурда мешуданд ва аз он то ба наздикињо фурўшандагони сайёр истифода мебурданд. Баъдтар тарозуњои нобаробаркитфи дорои сангњои сайёр пайдо шуданд. Ва дар асри IV-и то мелод Аристотел назарияи ќоидаи моменти ќувваро нисбат ба тарозуњо татбиќ намуд. Дар асри XII олими араб Ал-Хазинї тарозуи нињоят аниќи (дар њамон давра) палладорро эљод намуд, ки иштибоњи он аз 0,1 % зиёд набуд. Он барои муайян намудани зичї ва моддањои гуногун истифода бурда мешуд ва имконият медод, ки хўлањо ташхис шуда, тангањои ќалбакї ошкор ва фарќи сангњои ќиматбањоро аз ќалбакї муайян карда тавонанд.

Расми 1. Тарозуи палладор. Дар соли 1586 Галилей тарозуњои махсуси гидростатикиро барои муайян намудани зичии љисм ихтироъ намуд. (Расми 2) Аз ќадим инсоният бањри риояи талаботи ченаку вазн чорањо меандешид, тавсия ва ќонунњоеро, ки барои риояи бечунучарои меъёрњои метрологї равона шудаанд, пешнињод карда, онњоро љорї менамуд. Аз

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1

замони ихтирои тарозу одамонро масъалаи аниќии ченкунињои вазн ташвиш медод. Њатто дар як ќатор сурањои китоби муќаддаси Ќуръони Карим дар бораи зарурияти риояи ќатъии ченаку вазн тавсияњо дода шудаанд.

Расми 2. Тарозуи гидростатикї. Дар сураи «Мутаффифин» (яъне, коњанда њаќќи мардумро) омадааст: «Њалокат бод барои касоне, ки (аз тарозу ё ченак) њуќуќи мардумро мекоњанд (мезананд, медузданд)». Шояд барои њамин бошад, ки аввалин намунањои ченаку вазн дар масљидњо нигоњ дошта мешуданд ва аввалин «санљишгарон»-и ченаку вазн дар замонњои пеш ходимони дин ва кормандони масљидњо буданд. Тараќќиёти босуръати илму саноат, васеъшавии робитањои иќтисодї ва савдои байни давлатњои гуногун дар асри XXІ ва инкишофи илми метрология сабабгори пайдоиши асбобњои ба талаботи замона љавобдињанда гаштанд. Метрология дар рушди иќтисоди љањонї ва илмї-техникї дар њамаи соњањои њаётї ва инчунин ченкунињои вазну дарозї мавќеи муњимро ишѓол мекунад. Дар замони тараќќиёти балади илму техника асбобњои нав ба нави ченкунандаи вазн ихтироъ карда шудаанд, ки мисоли он (Расми 3) тарозуњои электронї мебошанд. Тарозу бо сањењияти хеле баланд якчанд амалиётро иљро менамояд. Вазни хоси маводро чен 63


ДОНИСТАН ХУБ АСТ карда, аз рўи нархи гузошташуда ќимати маводро то 0.001 дирам муайян мекунад.

Расми 3. Тарозуи электронї То дохил намудани системаи умумии ченакњо на фаќат њар як халќ, балки њар як мањал тарзњои ченкунї ва воњидњои ченкунии ба худ хос дошт. Дар Русия барои ченкунии мањсулоти моеъ ва донагї (равѓан, шир, орд, биринљ, гандум, мош, наск ва ѓайра) зарфи махсус истифода бурда мешуд, ки он андоза номида шуда, ба 26,24 литр баробар буд. Дар англисњо воњиди масса дар системаи чен ва вазн унсия мебошад, ки то њол на фаќат дар Британияи Кабир, балки дар Амрикои Лотинї њам мављуд мебошад. Онро дар Русия низ истифода мебурданд. Дар њолати гузаронидан ба системаи ченкунињои метрикї ќимати он таѓйир меёбад. Дар системањои ченкунии Англия як унсия баробари 1/16 фунт аст, ки он баробари 28,35 грамм, дар мамлакатњои Америкаи Лотинї ба 28,7 грамм ва дар Русия ба 29,86 грамм баробар мебошад. Ба сифати воњиди вазни сангњои ќиматбањо аз замонњои ќадим карат хизмат мекард. Дар мамлакатњои гуногун то њозир ќимати карат аз њамдигар фарќ мекунад. Ќимати он аз 192,8 то 215,99 мгр мебошад. Карати метрикї ба 200 мг ва британиягї ба 205 мг баробар мебошад. Дар замони њозира барои осон кардани кор системаи ченкунињо ба тартиби муайян дароварда шуда, барои бисёр мамлакатњои љањон якхела мебошанд. Дар замони ќадим тарозу рамзи њаќиќат ва нишонаи Аллоњ ба њисоб мерафт. Дар Гретсияи ќадим худои њаќиќат - Фемид ва дар Њабашистон худои Маатаро бо рамзи тарозу тасвир мекарданд. Дар замони њозира нишонаи судњо расми тарозу мебошад, ки рамзи њаќиќатро ифода мекунад. Вазифаи асосии метрология сохтани системаи ягонаи байналхалќї ва назорат аз рўи иљроиши он мебошад. Ин система хамаи соњањои ченкуниро дар бар мегирад. Њалли ин проблемаро системаи метрии чен ва вазн, ки соли 1875 ќабул шудааст, ибтидо гузошт. Баъдтар асосњои илмии сохтмони системањои бузургињои физикї ба вуљуд омаданд. Якумин КГЧВ соли 1889 ба вуќўъ омада буд. Дар он прототипи байналхалќии метр ва килограмм 64

муќаррар карда шудааст. Сеюмин КГЧВ (соли 1901) воњиди масса ва вазнро тасдиќ кард. Ченкунињои такрорї аниќ карданд, ки массаи як детсиметри оби тоза дар њарорати 3,98С° аз массаи прототипи байналхалќии килограмм тахминан 0,028 грамм камтар мебошад, (яъне 1 л= 1,000028 дм3). Соли 1964 КГЧВ ќарор ќабул кард, ки њаљми 1 литр оби тоза ба 1 дм3 (айнан) баробар дониста шавад. Ба сифати воњиди масса килограмм ќабул карда шуд, ки он ба массаи прототипи байналхалќии килограмм баробар мебошад. Мафњуми «вазн» бузургиеро ифода мекунад, ки характери ќувваро дорад: вазни љисм ба њосили зарби массаи он бар шитоби озодафтиш (Р = m • ğ) баробар аст. Ќимати шитоби афтиши озод баробар ба 9,81 м/с мебошад. Бояд кайд кард, ки аввал байни мафњумњои масса ва вазн фарќияте Расми 4. набуд ва прототипи байналхалќии килограмм эталони вазн низ ба њисоб Динамометр мерафт. Вале њанўз дар КГЧВ-и якум килограмм чун воњиди масса тасдиќ шуда буд. КГЧВ-и сеюм (соли 1901) бошад, фарќи воњиди масса ва вазнро аниќ карда, њар кадоми онњоро таъриф дод: «Килограмм -воњиди масса - ба массаи прототипи байналхалќии килограмм баробар асту вазни љисм ба њосили зарби массаи он бар шитоби афтиши озод» (Р = m • 9.81 кг • м / с2) ќабул карда шуд. Њалли ин проблемаро системаи мет­ рии чен ва вазн, ки соли 1875 ќабул шудааст, ибтидо гузоштааст. Барои инкишофи минбаъдаи илму техника, иќтисодиёт, робитањои савдо, раванди таълим дар зинањои гуногуни омўзиш баъди соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон бори аввал соли 2008 љамъомади метрологњо бо иштироки намояндагони соњаи метрологияи кишвар ва мутахассисони Ќазоќистон (Казинметр) дар шањри Остона зери њамоњангсозии Институти стандартњои Туркия (ТSE) дар доираи ќарори љаласаи 17-уми Ассамблеяи Генералии Ассотсиатсияи байналмилалї оид ба стандартизатсия (МАС) муќоисаи байнилабаратории байналмилалии эталонњои вазн (класси Е2) гузаронида шуд, ки дар он масъалањои басо муњими замонавї, аз љумла, муаммањо оид ба такмил, ихтироъ ва дар амал љорї намудани таљњизоти боркаши электронии ба талаботи замона љавобгў мавриди баррасї ќарор гирифтанд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №1


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.