Page 1

Маорифи

Т о љ и кис тон Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

№2 март – апрел 2013


Муассисаи давлатии маљаллаи «Маорифи Тољикистон»

Сардабир Шодї ШОКИРЗОДА ЊАЙАТИ ТАЊРИР: Фарњод Рањимов, муовини аввали вазири маорифи Љум­ њурии Тољикистон, доктори илмњои физика ва математика. Ирина каримова, президенти Академияи тањ­­силоти Тољикистон, доктори илмњои пе­да­гогї, про­фес­сор, узви пайва­ стаи Академияи тањ­силоти То­љи­кис­тон. Мањмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, узви пайвастаи Ака­демияи тањсилоти Тољикистон, доктори илм­њои пе­дагогї, профессор. Шамсуллоњ ИСЛОМОВ, номзади илмњои пе­да­гогї. ШЎРОИ МАШВАРАТЇ: Нуриддин САИДОВ, вазири маорифи Љум­њурии То­љи­кис­тон, доктори илмњои фалсафа, профессор. Рањимљон САИДОВ, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф, номзади илмњои техникї. Абдурозиќ РИЗОЕВ, раиси Кумитаи љумњу­рия­вии ит­тифоќи касабаи кормандони маориф ва илм. Шарифмуроди Исрофилниё, директори Па­жў­њиш­гоњи рушди маорифи Академияи тањ­си­лоти То­љикистон, доктори илмњои фи­лологї. латофат Назирова, директори Донишкадаи љум­њуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кор­мандони маорифи Акаде­ мияи тањсилоти Тољи­кистон, номзади илмњои педагогї. Шермуњаммад Ёрмуњаммадов, директори Маркази таъ­лимию методии назди Вазорати маориф, номзади илм­њои филологї. Мањмудхон ШОЕВ, котиби матбуотии Вазорати маориф, номзади илмњои филологї

МУАССИС: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Маљалла аз моњи июли соли 1991 то моњи феврали соли 2006 бо номи «Адаб» 73 шу­мора чоп шуд. Дар таърихи 28-уми июли соли 2006 тањти ра­ќами 001-3110 дар Вазо­рати адлияи Љум­њурии То­љи­ кистон аз нав њамчун «Муассисаи дав­л атии ма­љ аллаи «Маорифи То­љ и­к ис­т он» ба ќайд ги­р ифта шуда­аст. Шумораи №2 (116), 2013 Дар маљалла ба хотири гуно­ гун­а ндешї маќолањое низ чоп ме­ш аванд, ки идо­р аи нашрия метавонад бо муаллифон њамаќида на­бо­шад ва масъулиятро ба дўш нагирад. Идора маводро дар њаљ­ми то 8 сањифаи компю­терии њарфи ан­ дозаи 14-и Times New Roman Tj ќа­бул менамояд. Чопи матолиби нашрия бо ни­ шон додани манбаъ ва ирсоли њат­ мии нусхаи он ба идораи маљалла мумкин аст.

Дастхат ва суратњо ба муал­ли­ фон баргардонида на­мешаванд.

Мусањњењ Муллошукури Љаббор. Тарроњ Фарњод РАЊИМОВ. Њуруфчин Назира Бобоева

«МАОРИФИ ТОЉИКИСТОН» Нишонаи идора: ш. Душанбе, кўчаи ак. А.Адњамов, 13. Тел: +(992) 93-404-52-40. E-mail: shodi.shokirzoda@mail.ru Индекси обуна: 77500. Ба матбаа 20.04.2013 супорида шуд. Ба чопаш 27.04.2013 имзо шуд. Андозаи 60х841/8. Адади нашр 4200 нусха. Супориши №107. Нархаш шартномавї. Дар матбааи ЉДММ «ЭР-граф» чоп шудааст. 734036, Душанбе, кўчаи Р. Набиев, 218. Тел: +992 (37) 881-15-16. E-mail: r-graph@mail.ru


Ф Е Њ Р И С Т И МАТ О Л И Б ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ Эмомалї Рањмон: Њифзи манфиатњои милливу давлатї вазифаи виљдониву имонии мост...............................................4 ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН Убайд Зубайдов. Бори дигар рољеъ ба таълими тафриќа.................... 12 Латофат Назирова. Наќши хадамоти психологї дар муассисањои таълимию тарбиявї............................................ 20 БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ Љумъа Шарифов. Баъзе мулоњизањо доир ба тањлили мафњуми масъала...................................................................... 23 М.Алиев, З.Ризвонова. Мувофиќати психологї - омили асосии устувории оила.............................................................. 26 ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР Нурбахши Љањонгир. Устоди асил ва нобиѓаи сухан.......................... 30 Мирзои Салимпур. Њакиме, ки аз абадият зоњир шудааст.................. 31 Фарњанги волидон Як рўз аз зиндагии кўдак...................................................................... 35 МИНБАРИ ТАЉРИБА Њасан Содиќов. Роњхат бањри иштирок ба дарс.................................. 38 Муайян намудани дараљаи мустаќилияти шахс.................................. 39 КОШОНАИ МЕЊР Шодї Шокирзода. Дўсти беѓараз ва инсони некмазњар..................... 41 Обиди Шакурзода. Ќофилае дар бодияи маърифат............................ 43 Абдувосеъ Њафизов. Шамъ агар хомўш гардад................................... 47 ШЕВАИ ОМЎЗИШ Сафаралї Афѓонов. Тест - шакли дигари саљиши дониши хонандагон................................................................................. 50 Њусейн Аброров. Истифодаи маводи топонимї зимни омўзиши мавзўи «Обњои дохилии Тољикистон»................... 54 Ойиша Мањмадќулова. Дарсњои намунавї аз фанни адабиёти тољик бо роњи тарбияи тањаммулгарої.................................. 60 НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ Абдурањим Ќурбонов. Фардо аз имрўз вобаста аст............................. 63


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

лиард сомонї дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006 беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондињандињанда дар муќоиса бо соли 2000, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад. Аз тањлилњо бармеояд, ки агар таносуби даромади буљети давлатї нисбат ба маљмўи мањсулоти дохилї дар соли 2000 ба 12,6 фоиз баробар гардида бошад, пас ин нишондињанда дар соли 2006 ба 19,4 ва дар соли љорї ба 22 фоиз мерасад. Пайваста ба афзоиши њаљми буљети давлатї маблаѓгузории соњањои иљтимої зиёд карда мешавад ва дар соли љорї он 6,4 миллиард сомонї ё зиёда аз нисфи буљети давлатиро ташкил медињад. Агар дар соли 2006 њаљми

ЊИФЗИ МАНФИАТЊОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТЇ ВАЗИФАИ ВИЉДОНИВУ ИМОНИИ МОСТ нуктањо аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 26-уми апрели соли 2013

Сарфи назар аз таъсири манфии бўњрони молиявию иќтисодии љањонї ва дигар мушкилоти мављуда Њукумати Тољикистон тавонист, ки иљрои барномањои ќабулкардаи худ ва рушди тадриљии иќтисоди миллиро дар њафт соли охир таъмин намояд. Маљмўи мањсулоти дохилї аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонї дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воќеии солонаи он ба њисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иќтисодиёти мамлакат шањодат медињад. Дар ин давра, маљмўи мањсулоти дохилї ба њар нафар аз 1335 то 4580 сомонї ё 3,4 баробар зиёд гардид. Даромадњои пулии ањолї 4,2 баробар, њаљми пасандозњо чоруним ва маоши миёнаи воќеии як корманд панљуним баробар афзоиш ёфт. Њаљми умумии даромад ва харољоти буљети давлатї дар њафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонї то ба 12,2 мил4

шањри Душанбе

умумии харољоти соњањои иљтимої 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин раќам дар соли 2013 нисбат ба соли 2006 7 баробар зиёд мебошад. Аз љумла, маблаѓгузории соњаи маориф 6,7 баробар, тандурустї 8,6, њифзи иљтимоии ањолї 6,8, фарњангу варзиш ва хизматрасонињо ба ањолї 7,1 баробар афзоиш ёфтааст. Агар њаљми умумии харољоти соњањои иљтимої соли 2000 њамагї 106 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли љорї 60 баробар зиёд гардидааст. Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди мењнати кормандони соњањои буљетї, стипендия, кўмакпулї ва љубронпулї ба њисоби миёна шаш баробар зиёд гардид. Дар соли 2012 музди мењнати кормандони муассисањои иљтимої, аз љумла, маоши кормандони муассисањои томактабї, муассисањои тањсилоти умумї, хона-интернатњо барои пиронсолону кўдакони маъюб зиёда аз 60 «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

фоиз, соњаи тандурустї 40, илм 30 ва фарњанг, инчунин стипендия 50 фоиз зиёд карда шуд. Илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафаќа чоруним баробар зиёд гардида, њаљми маблаѓгузории он аз 212 миллион сомонї ба 1,6 миллиард сомонї расидааст, яъне њафтуним баробар афзоиш ёфтааст ва ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад. Дар натиљаи амалишавии чорањои зикргардида сатњи камбизоатї дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз паст гардид, яъне ќариб 45 банди фоизї коњиш дода шуд. Паст шудани сатњи камбизоатї асосан натиљаи рушди иќтисодї ва таъмин гардидани суботи макроиќтисодиву иљтимої мебошад. * * * Дигар далели бењтар шудани вазъи иљ­ тимоиву иќтисодии мамлакат ин аст, ки баланд шудани сатњу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриљан камшавии нишондињандањои фавти модару кўдак, зиёд шудани дарозумрї ва афзоиши табиии ањолии мамлакат гардидааст. Агар дар соли 2000 дарозумрии сокинони мамлакат ба њисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондињанда дар соли 2011 ба 72,5 сол баробар шудааст. Инчунин тибќи тањќиќоти гузаронидашуда нишондињандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 12 фоиз паст гардида, фавти кўдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст. Њамзамон бо ин, агар дар соли 2000 беш аз 167 њазор нафар кўдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондињанда дар соли 2012 ба 220 њазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад. Дар натиља шумораи ањолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000 то ба имрўз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8 миллион нафар расидааст. * * * Тањлилњои вобаста ба дурнамои рушди иќтисоди миллї барои ояндаи миёнамўњлат ва дарозмуддат нишон медињанд, ки сатњи зиндагии ањолї тадриљан баланд гардида, табаќаи миёнањол афзоиш меёбад. Тољи­ кистон аз давлати камдаромад ба ќатори давлатњои бо даромади миёна арзёбишаванда «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

ворид мегардад. Ба њисоби миёна суръати афзоиши солонаи иќтисодї дар сатњи 7-9 фоиз пешбинї мешавад ва маљмўи мањсулоти дохилии мамлакат дар соли 2020 нисбат ба соли љорї беш аз 80 фоиз афзоиш меёбад. Њамзамон бо ин, дар ин давра шумораи ањолии мамлакат тадриљан афзоиш ёфта, ба 10 миллион нафар мерасад. Бинобар ин, ба татбиќи афзалиятњои миллї тавассути тањкими идоракунии давлатї, диверсификатсияи иќтисодиёт, бењбуд бахшидан ба фазои сармоягузорї, рушди бахши хусусї ва нерўи инсонї, ки дар маљмўъ суботи иќтисодї ва пешрафти кишварро таъмин менамоянд, ањамияти аввалиндараља дода мешавад. * * * Мо бояд вазни ќиёсии даромад ва харо­ љоти љории буљети давлатиро нисбат ба маљмўи мањсулоти дохилї то соли 2020 ба 24 - 25 фоиз расонем. Маблаѓгузории соњањои иљтимої то соли 2020 аз 12 то ба 16 фоизи маљмўи мањсулоти дохилї расонида мешавад. Ин имконият медињад, ки музди мењнати кормандони соњаи буљетї, нафаќа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад. Вобаста ба амалї намудани ин маќсад дар марњалаи аввал аз 1-уми сентябри соли љорї музди мењнати кормандони соњањои буљетї, аз љумла, маоши вазифавии кормандони муассисањои томактабї ва тањсилоти умумии соњаи маориф ба њисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисањои аз буљети давлатї маблаѓгузоришаванда, аз љумла, илм, фар­ њанг, тандурустї, варзиш ва муассисањои њифзи иљтимої, музди мењнати хизматчиёни давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї, инчунин њамаи намудњои нафаќа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар Паёми соли 2011 мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки дар давраи миёнамўњлат музди мењнати кормандони соњањои буљетиро беш аз ду баробар баланд бардорем. Ин иќдомро мо аллакай дар солњои 2011 - 2012 амалї намудем ва бо назардошти зиёдшавии музди мењнат дар соли љорї афзоиши ин нишондињанда ба се баробар мерасад. Њол он, ки ин чорабинї 5


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

бояд то соли 2014 амалї карда мешуд.Умуман, дар њафт соли оянда даромадњои воќеии ањолї то 4 баробар зиёд хоњанд гардид. * * * Дар шароити нињоят печидаи љањони муосир ва тањаввулоти босуръати солњои охир такмилу таќвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору маќомоти давлатї, таъмин намудани рушди устувори иќтисодиву иљтимоии мамлакат ва бо њамин роњ фароњам овардани шароити зиндагии шоиста барои њар як фарди љомеа њадафи асосии мо мебошад. Вазифаи муњимтарини мо љињати татбиќи ин њадаф тарбияи шахсияти худшиносу ва­ тандўст, дорои масъулияти баланди иљти­мої, соњиби донишу љањонбинии муосир ва нињоят шахсияте мебошад, ки ќобилияти шинохти равандњои мураккаби љањони имрўзаро дошта бошад. Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат ќарор дода, њамаи тадбирњои заруриро дар ин самт амалї гардонида истодаем. Зинаи аввали таълиму тарбия, ки раванди тўлонї мебошад, бо фаъолияти муассисањои томактабї вобастагии мустаќим дорад. Вале бояд гуфт, ки бо вуљуди кўшишњои пайгиронаи Њукумати мамлакат дар самти ба роњ мондани шаклњои наву алтернативии муассисањои тањсилоти томактабї, аз ќабили марказњои инкишофи кўдакон, боѓчањои бачагонаи хонагї ва монанди инњо имрўз њамагї дањ фоизи кўдакони синни томактабї ба ин зинаи тањсилот фаро гирифта шудаанд. Аз ин лињоз, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятњо дар хусуси бунёди муассисањои томактабї ва фаро гирифтани шумораи њарчи бештари кўдакон ба чунин муассисањо мунтазам чораљўї карда шавад. Зинаи дигари ташаккулдињандаи шахсияти кўдакону наврасон муассисањои тањсилоти умумии миёна мебошад. Њукумати мамлакат дар ин самт низ њамаи тадбирњои заруриро амалї карда истодааст. Масалан, дар зарфи дањ соли охир дар мамлакат беш аз њазор мактаби љавобгў ба талаботи меъёрњои замони муосир бунёд гардидааст. Соли љорї маблаѓгузории соњаи маориф дар њаљми ду 6

миллиарду 131 миллион сомонї пешбинї гардидааст, ки ин раќам дар муќоиса бо соли 2000 57 баробар зиёд мебошад. Танњо соли 2012 аз њисоби њамаи манбаъњо 248 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї бо 44 њазор љойи нишаст ба маблаѓи умумии 320 миллион сомонї ба истифода дода шуд. * * * Яке аз масъалањое, ки бисёр муњим аст, тар­бияи кадрњои коргарии љавобгў ба талаботи бозори мењнати дохилї ва хориљї мебошад. Бо назардошти муњимияти ин масъала мо аз соли 2010 инљониб зинаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбиро самти афзалиятнок эълон кардаем. Дар ин давра барномаи давлатии рушди муассисањои тарбияи кадрњои коргарї ќабул гардида, наќшаву барномањои таълимии онњо таљдиди назар карда шуданд. Имрўз зарур аст, ки заминањои моддиву техникї ва имкониятњои кадрии ин муас­ сисањо ба таври љиддї бењтар карда шаванд ва бо назардошти он, ки талаботи бо­зори мењнати дохиливу хориљї мунтазам таѓйир меёбад, бояд дар ин самт чорањои сари­ ваќтиву муассир андешида шаванд. Тањлилњо нишон медињанд, ки солњои охир њазорон нафар хатмкардагони муассисањои тањсилоти олии касбї бекор монда, бо фаъолияте машѓуланд, ки ба ихтисоси гирифтаашон умуман мутобиќат надорад. * * * Мо њар сол дар мактабњои олї њазорон нафар њуќуќшиносу иќтисодшиносонро омо­да менамоем, вале кишварамон имрўз ба муњандисону бинокорон, энергетику технологњо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатњи байналмилалї ниёзи бештар дорад. Тибќи маълумот дар давоми солњои 2008-2012 муассисањои тањсилоти олии касбии кишварро 9 њазору 300 нафар бо ихтисоси њуќуќшинос ва беш аз 40 њазор нафар бо ихтисосњои гуногуни иќтисодї хатм кардааст. Аз ин рў, зарур аст, ки бо маќсади таъмин намудани эњтиёљоти воќеии соњањои гуногуни иќтисоди миллї ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатњи байналмилалї «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

наќшаи дурнамои тарбияи кадрњоро дар муассисањои тањсилоти олии касбии мамлакат ва хориљ аз он тањия намуда, њамзамон бо ин, љињати њарчи зудтар ба талаботи имрўза мутобиќ гардонидани барномањои таълимии мактабњои олии кишвар тадбирњои иловагї андешида шавад. * * * Њукумати Тољикистон ўњдадорињои хешро дар самти њифзи иљтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон њамеша иљро менамояд. Агар дар соли 2006 кўмакњои гуногун аз буљети давлатї ба ин ќишри љомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин раќам дар соли љорї ба 170 миллион расидааст. Яъне дар њафт соли охир ин нишондињанда ду баробар зиёд гардидааст. Илова ба ѓамхорињои дигар барои кўдаконе, ки аз саробон мањрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи њадди аќалли музди мењнат, яъне 105 сомонї нафаќаи моњона муќаррар карда шуда, ба суратњисоби депозитии барои ин кўдакон дар Бонки давлатии “Амонатбонк” кушодашуда пардохт карда мешавад. Њоло дар кишварамон 3300 нафар кўда­ коне, ки на падар ва на модар доранд, инчунин беш аз 102 њазор нафар, ки ё падар ё модар надоранд, ба ќайд гирифта шудаанд. Њамчунин тибќи маълумоти Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї 180 њазор оилањои камбизоат дар ќайди ин маќомот ќарор доранд. Дар чор соли охир аз тарафи маќомоти давлатї ва соњибкорону тољирон хатнасури 48 њазор нафар кўдакон ва тўйи арўсиву домодии 2800 љуфт љавонон аз оилањои камбизоат гузаронида шудааст. Яъне ба шарофати ин иќдоми саховатмандона ба зиёда аз 300 њазор нафар кўмакњои моддиву маънавї расонида шудаанд. * * * Масъалаи муњайё намудани љойњои нави корї яке аз масъалањои муњимтарини рушди минбаъдаи иќтисодиёти кишвар мебошад. Дар ин љода, танњо дар ташкилоту муассисањои буљетї дар њафт соли охир ќариб 100 њазор љойњои нави корї ташкил карда «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

шудаанд. Лекин бояд гуфт, ки бо вуљуди рушди бомароми иќтисоди миллї ва андешидани чорањои зарурї шумораи ањолии аз љињати иќтисодї фаъол солњои охир дар бозори мењнат ќариб бетаѓйир монда, њоло 50 фоизи ањолии синни ќобили мењнатро ташкил медињад. Раванди таъсиси љойњои нави корї низ аз афзоиши босуръати табиии ањолї ва захирањои мењнатї ќафо монда, алњол бозори мењнати дохилї имкони пурра бо љойи кор таъмин намудани корљўёнро надорад. Њар сол ќариб 150 њазор нафар хатмкардагони мактабњои миёнаи умумї ва миёнаи махсус ба бозори мењнат ворид мегарданд ва имрўз ба як љойи кори холие, ки дар маќомоти давлатии шуѓли ањолї ба ќайд гирифта шудааст, њафт нафар довталаб рост меояд. Аз ин рў, таъсиси љойњои кории сифатан нав ва таъминот бо музди мењнати арзанда имрўз ба яке аз масъалањои аввалиндараља табдил ёфтааст. Таъкид менамоям, ки ин масъала тањти назорати доимии Роњбари давлат ќарор дорад. Дар баробари таъсис додани љойњои кории нав ба масъалаи касбомўзї, бахусус таќвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказњои касбомўзии калонсолон диќќати љиддї додан зарур аст. Мо бояд пеш аз њама сифати таълимро бењтар намоем, то малакаи касбии хатмкунандагони муассисањои касбомўзї ба талаботи бозори муосири мењнат љавобгў бошад. * * * Дар Сарќонун (Конститутсия)-и Љумњурии Тољикистон дарљ гардидааст, ки «мафкураи њељ як њизб, иттињодияи љамъиятї, динї, њара­кат ва гурўње наметавонад ба њайси мафкураи давлатї эътироф шавад». Албатта, њар њизб тибќи барномаи амали худ мавќеи хоси сиёсиву аќидавї дорад. Вале дар шароити кунунї зарур аст, ки њамаи ањзоби сиёсї ва иттињодияњои љамъиятї манфиатњо ва арзишњои волои миллиамон, ба монанди истиќлолияти давлатї, тамомияти арзї, суботи иљтимої ва вањдати милливу њамбастагии тамоми сокинони кишварро муќаддас донанд ва ба хотири њифз кардану таќвият бахшидани онњо саъю талош намоянд. Бори дигар хо7


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

тирнишон месозам, ки њизбњои сиёсї ва дигар нињодњои иљтимої бояд намунаи эњтирому риояи ќонунњои давлати демократї ва мактаби тавсеаи маърифати сиёсиву њуќуќии мардум бошанд. Тавре ки медонед, соли љорї дар кишварамон маъракаи муњими сиёсї - интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон доир мегардад. Интихобот њамчун падидаи муњимтарини демократия рўйдоди муњими сиёсї буда, натиљаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад. Конститутсия ва ќонунгузории кишварамон дар баробари кафолати њуќуќу озодињои сиёсии шањрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди њуќуќиро муњайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар њаёти сиёсї ва идоракунии давлат кафолат медињанд. Мањз ба њамин хотир яке аз самтњои афзалиятноки демократикунонии љомеа дар Тољикистон таъмин намудани изњори ихтиёрии иродаи халќ њангоми баргузории интихобот мебошад. Ќонунгузории мо кафолат медињад, ки дар байни субъектњои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муњими сиёсї барои бањсу муколамањои созанда ва изњору ифодаи маќсаду мароми онњо фазои орому озод ва имкониятњои баробар фароњам оварда шаванд.Корро тавре бояд ташкил намуд, ки шањрвандон дар навбати аввал аз њуќуќњои ќонунии худ воќиф гардида, иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсї будани худро эњсос намоянд ва масъулиятро оид ба амалисозии њуќуќњои конститутсионии худ дарк кунанд. Дар ин замина њизбњои сиёсї ва дигар иштирокчиёни интихобот бояд фаъолияти худро танњо дар чорчўбаи Сарќонун (Конститутсия) ва ќонунгузории мамлакат роњандозї намоянд. Бо назардошти ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї, инчунин тамоми субъектњои раванди интихоботро зарур аст, ки дар љараёни омодагї ва баргузории интихобот муќаррароти ќонунњои амалкунандаи кишварро ба роњбарї гирифта, барои бењтар ба роњ мондани фаъолияти комиссияњои интихоботї, дар сатњи баланди ташкилї, ба таври шаффофу демократї ва озод баргузор 8

гардидани интихобот тадбирњои зарурї андешанд. Мо чун њамеша љонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот њастем ва ман њамчун њомии Конститутсия, ќонунњо ва њуќуќу озодињои шањрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медињам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократї ва озоду одилона баргузор хоњад шуд. * * * Љумњурии Тољикистон аз рўзњои нахустини фаъолияти худ њамчун давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї дар Сарќонун (Конститутсия) ва дигар ќонунњо принсипњои башардўстї ва озодона кору зиндагї кардани инсонњоро дарљ намуда, љињати дар амал татбиќ гардидани онњо пайваста кўшишњои судмандро ба харљ дода истодааст. Ќонун бояд дар навбати аввал инсон ва њуќуќу озодињои ўро њамчун арзиши олї эътироф ва њифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди љомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонањои давлативу ѓайридавлатї, соњибкорону тољирон, пешрафти иќтисодиёти кишвар, сулњу субот, оромии сиёсї шароити мусоид фароњам орад ва самтњои мухталифи њаёти љомеаро њаматарафа танзим намояд. * * * Мо вазифадорем, ки ба хотири њифзи истиќлолияти давлатамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иќтисодиву иљтимоии кишварамон сиёсати давлати худро бо назардошти манфиатњои миллї, имконияту захирањои воќеї, таљрибаи давлатдории миллї ва тибќи меъёрњои пазируфташудаи байналмилалї тањия ва роњандозї намоем. Вобаста ба ин, лозим мешуморам, ки андешањои худро доир ба њадафњо ва самтњои асосии марњалаи имрўзаи рушди давлатдориамон бори дигар хотирнишон созам. Њадафи якум ва муњимтарини мо њифз кардан ва тањким бахшидани давлатдории миллї мебошад. Масъалаи њифзи ин дастоварди бузург, яъне њимояи давлату давлатдории миллї ва тањкими аркону пояњои он хусу«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

сан дар шароити пуртазоду печидаи солњои охир, яъне рўз аз рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтаќа ва љањон, шиддат гирифтани раќобат ва бархўрди манфиатњои кишварњои абарќудрат ва тањти таъсири равандњои љањонишавї осебпазир гардидани истиќлолияти давлатњои миллї ањамияти торафт љиддии њаётї пайдо мекунад. Аз ин лињоз, вазифаи љонї ва ќарзи виљдонии њар кадоми мост, ки њатто як лањза њам масъалаи њифзи давлату давлатдорї, таъмини амнияти кишвар ва нигоњ доштани суботу оромии љомеаро фаромўш насозем. Њамаљониба густариш бахшидани худшиносиву худогоњии миллї, њисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву њуќуќии ањолии кишвар, бахусус наврасону љавонон њадафи дуюми мо мањсуб мешавад. Зеро њар кадоми мо солњои охир шоњиди њодисањое мебошем, ки баъзе доирањои байналмилалї тавассути расонањои иттилоотї ва бо истифодаи моњирона аз ноогоњиву бехабарии мардум, махсусан гурўњњои алоњидаи љавонон, равандњои сиёсиву иљтимоии як ќатор кишварњоро ба чї роњи харобиовар расониданд. Мардум бояд моњияти равандњои сиёсии дохиливу хориљї, маќсади нерўњои ѓаразноки берунї ва њадафи наќшаву барномањои давлати худро мустаќилона ва ба таври дуруст дарку ќабул карда тавонанд. Љомеаи мо бояд донад, ки њадафи стратегии давлату Њукумати Тољикистон дар заминаи тањкими истиќлолияти давлатї баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум мебошад. Дар атрофи ѓояи «Тољикистони озоду соњибистиќлол - Ватани мањбуби њамаи мо» муттањид намудани тамоми гурўњњо ва ќишрњои љомеаи кишвар њадафи сеюми мо мебошад. Ба андешаи ман, мањз њамин ѓоя нуќтаи пайванд ва њалќаи бањамоварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазњаб ва аќидаву мавќеи сиёсї буда, дар айни замон василаи муассиртарини њифзи Тољикистони озоду соњибистиќлол, њамчунин вазифаи мењварї ва асосии мо ба шумор меравад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Њадафи чорум њарчи бештар густариш додани фарњанги сулњ ва решадор сохтани вањдату ризоияти миллї њамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тољикистон мебошад. Халќи тољик сулњу њамдигарфањмиро ба ивази азияту зањмати сахту сангин ва муњимтар аз њама, ба бањои љони дањњо њазор ќурбониёни љанги тањмилии шањрвандї ба даст овард ва имрўз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсї ва оромии љомеа кору зиндагї дорад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва љавонони имрўза дар рўњияи ватандўстиву сулњхоњї ва ободкориву созандагї, инчунин барои наслњои ояндаи халќамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муќаддасу нодир фарњанги сулњро њамчун љузъи доимии фарњанги зиндагии мардум густариш бахшем. Њадафи панљум фаъолияти тамоми сохтору маќомоти давлатї ва њар кадоми моро доир ба њалли масоили љавонон дарбар мегирад. Дар роњи расидан ба ин њадаф мо бояд пеш аз њама барои њарчи бењтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоќї, тањсил ва кору фаъолияти љавонон заминаву имкониятњои муносибро фароњам оварем.Дар ин раванд мо бояд дар зењну шуури насли наврас ва љавонони мамлакат њисси баланди миллї, эњсоси худшиносиву ватандўстї, ахлоќи њамида, эњтироми падару модар ва калонсолон, сабру тањаммул, омўзиши илму дониш ва касбу њунарњои муосир, мењнатдўстї ва риояи волоияти ќонунро тарбия намоем, то онњо дар оянда њамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба љањониён муаррифї карда тавонанд. Њадафи шашум њифзи њуввияти миллї ва арзишњои волои халќи куњанбунёдамон дар шароити љањонишавист. Раванди љањонишавї дар баробари пањлуњои мусбати худ имрўз башариятро дар рўбарўи омезишу бархўрди арзишњо ва фарњангњои гуногун ќарор додааст. Мо њамчун миллати ќадима ва фарњангї њаргиз мухолифи њамдигарро шинохтани фарњангу тамаддунњои мухталиф нестем. Баръакс, мо љонибдори гуфтугўи тамаддунњо ва истифода аз сарватњои илмї 9


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

ва дастовардњои фарњангии халќњои Ѓарбу Шарќ ба хотири тањкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Мањз бо назардошти чунин воќеият фарњангу арзишњо ва њуввияти миллии мо ба дастгирии њамаљонибаи љомеа ва давлат ниёз доранд. Њадафи њафтум арљгузорї ва эњтироми забони давлатї, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тољикист. Зеро забони тољикї дар баробари дигар муќаддасоти миллии мо рамзи давлатдорї, њуввияти миллї, кафили мављудияти фарњанги оламшумул ва мояи ифтихори мо - тољикон аст. Забони мо дар марњалањои њассоси таърихи халќамон њамеша наќши таќдирсоз бозида, аљдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби њаводиси пуртазоди асрњои миёна то ба имрўз эмин нигоњ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солњои соњибистиќлолї оид ба эњё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирњои судмандро амалї намудем. Дар баробари ин, мо борњо иброз доштаем, ки донистани забонњои дигар, махсусан забонњои русї ва англисї барои наврасону љавонони мо зарурати воќеии рўз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тољикї роњ ёфтани унсурњои нозарури бегона гардад. Аз ин рў, мо дар оянда низ дар самти њифзу гиромидошт, тозагии забони давлатї ва рушди њамаљонибаи он њамаи иќдомоти заруриро амалї хоњем кард. * * * Ватандўстиву худшиносї ва ифтихори миллї, пеш аз њама, маънои гиромї доштану њифз намудани таърих ва анъанаву суннатњои миллї мебошад. Бе ин ягон халќу миллат љавњар ва асолати худро мањфуз дошта наметавонад ва ботадриљ дар гирдоби таърих беному нишон мешавад. Мо - тољикон таърихи куњану фарњанги пурѓановат дорем ва аз ин сарвати бебањои миллии худ ифтихор мекунем. Вале, мутаассифона, ашхосе низ њастанд, ки ё бо сабаби маълумоти кофї надоштан ё огоњона аз тариќи расонањои хабарї расму ойин ва суннатњои волои миллии моро нодида мегиранд ё тањти шубња ќарор медињанд. Чунончи, дар арафаи љашни Наврўз баъзе 10

сару садоњое баланд шуданд, ки гўё он барои мардуми мо ойини бегона аст ва аз нигоњи дини ислом љашн гирифтани Наврўз мамнўъ мебошад. Ин фикр мутлаќо хатост ва барои раванди худшиносии миллї, ки мо мехоњем наслњои љавонро дар њамин рўњия тарбия кунем, хатари љиддї дорад. Наврўз љашни мубораку њуљастаи мо тољикон ва тамоми мардуми ориёї буда, ниёгонамон барои њифзи расму русум ва ойинњои неки он дар мушкилтарин лањзањои таърихї истодагарї кардаанд. Аслан Наврўз љашне бар мабнои низоми кайњон аст, ба ибораи дигар расидани соату даќиќаест, ки назми кайњон ба њолати эътидоли олї меояд ва нишонаи эњёи табиат, рамзи пирўзии некї бар бадї мебошад. Ин кашфиёти бузург, ки мањсули тафаккур ва мушоњидањои аљдоди хирадманди мост, беш аз шаш њазор сол ќабл аз ин ба вуќўъ пайвастааст. Яъне ин андешаи неку созанда се њазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштї ва чоруним њазор сол ќабл аз зуњури дини мубини ислом пањн шудааст ва тибќи маълумоти сарчашмањои таърихї њанўз дар њамон даврањои бостон Наврўз дар ќаламрави 23 кишвар таљлил мегардид. Бо дарки ин њаќиќати мусаллам фарзандони хирадманду фарзонаи миллат барои пойдорї ва аз байн нарафтани Наврўз љоннисорона талош кардаанд ва асолати онро њифз намудаанд. Яке аз онњо фаќењи бузурги олами ислом Имоми Аъзам мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръї ба ислом ва суннатњои исломї мухолифат надоштани расму оинњои наврўзиро собит намуда, ба суннатњои наврўзї заминаи њуќуќї ва умри љовидона бахшидааст.Аз ин рў, мо њамеша бо итминони комил изњор медорем, ки Наврўз ба ягон дин иртибот надорад ва дар айни замон ба ягон дину мазњаб мухолиф нест. * * * Баъди ба даст овардани истиќлоли давлатї имконият пайдо шуд, ки фаъолияти иттињодияњои динї ва муносибати онњо бо давлат дар доираи талаботи ќонун ба роњ монда шавад. Баъдан мо саъю талош кардем, ки бо тамоми созмонњои бонуфузи байнал«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ

милалии исломї њамкорињои дуљониба ва бисёрљонибаро ба роњ монда, дар навбати худ њамчун узви комилњуќуќи онњо изњори андеша кунем. Аз љумла, бо Созмони Њамкории Исломї, Бонки Исломии Рушд ва кишварњои олами ислом њамкорињои самарабахшро роњандозї намудем, ки имрўз онњо ба бисёр љабњањои иќтисодиёти миллии мо манфиат оварда истодаанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар њафтод соли даврони Шўравї дар Тољикистон њамагї 17 масљид фаъолият мекард. Имрўз дар кишвари мо ќариб 4000 масљид расман сабти ном шудааст ва Тољикистон дар ин масъала нисбат ба шумораи ањолї миёни давлатњои Осиёи Марказї дар маќоми аввал ќарор дорад. Мисоли дигар, дар даврони Шўравї њамагї 30 нафар шањрвандони кишвари мо маносики њаљро адо карда буданд, аммо дар зарфи бист соли истиќлол беш аз 200 њазор нафар шањрвандони кишварамон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаанд. Илова бар ин, мо дар баробари арљгузорї ба арзишњои волои таърихиву фарњангї ба арзишњои динии худ низ эътибори љиддї медињем. Аз љумла, чор маротиба китоби муќаддаси Ќуръони карим ба забони адабии тољикї чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум таќсим гардид. Инчунин китобњои «Сањењ»-и Имом Бухорї, «Тафсири Табарї», «Кимиёи саодат»-и Имом Муњаммад Ѓазолї, тарљумаи «Муснад»-и Имом Абўњанифа, «Њидояи шариф»-и Аллома Марѓелонї ва дањњо китобњои дигари динї аз њисоби буљети давлат нашр шуда, барои баланд бардоштани маърифати динии шањрвандони кишварамон мусоидат карданд. Хусусан, дар сатњи баланди сиёсиву фарњангї љашн гирифтани 1310-солагии поягузори мазњаби њанафї Имоми Аъзам афкори динии љомеаи суннатии моро вусъат ва нуфузи Тољикистонро дар љањони ислом таќвият бахшид. Имрўз мо Кумитаи оид ба корњои дин, Донишгоњи исломї дорем ва дар назди Президенти мамлакат Маркази исломшиносї таъсис додаем. Њоло ба шарофати истиќлоли давлатї мо тамоми шароитро дар доираи ќонун муњайё кардаем, «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

ки мардуми кишварамон суннатњои динии худро озодона иљро кунанд. Роњи пешгирифтаи мо - бунёди давлати дунявї, њуќуќбунёд ва демократї аст. Ин меъёр дар Сарќонун (Конститутсия)-и Љумњурии Тољикистон таљассум гардидааст ва таѓйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишњои милливу диниамон ба арзишњои дунявии умумибашарї арљ мегузорем ва равандњои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирї менамоем. Озодии сухан, озодии виљдон ва гуногунандешї, ки рукнњои асосии давлати демократї мебошанд, бояд дар доираи ќонун сурат гиранд ва ба њељ ваљњ суботи љомеаро халалдор насозанд. Мутаассифона, дар олами ислом равияњое низ арзи вуљуд кардаанд, ки баъзе амалњояшон ба фитнакориву тафриќаандозї равона гардидаанд. Ин ба моњияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.Мо бояд аз ин воќиф бошем ва ба фитнаљўиву тахрибкорї дар љомеа роњ надињем. Зеро сулњу субот, њамдигарфањмї ва аъмоли неку созанда барои мо аз њама афзалтаранд. * * * Њифзи содиќонаи манфиатњои милливу давлатї, аз тамоми манфиатњои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири тањкими пояњои давлати соњибистиќлоли миллї, чун неъмати бебањо њифз кардани соњибихтиёрии Ватан, сулњу суботи иљтимої, амнияти давлат ва љомеа, вањдати миллї ва таќвияти иќтидори иќтисодии давлат вазифаи љонї ва ќарзи виљдониву имонии њар яки мову шумо – аъзои Њукумат, вакилони мардумї, роњбарону масъулони идорањо ва ташкилоту муассисањо, хизматчиёни давлатї ва умуман тамоми халќи Тољикистон мебошад. Њамаи мо вазифадорем, ки ба шукронаи соњибдавлативу соњибихтиёрї мардуми шарифу зањматпеша ва ободкору фарњангсолори тољикро дар роњи бунёдкориву созандагии Ватани мањбубамон – Тољикистон ва боз њам ободу зебо гардонидани сарзамини аљдодиамон сарвариву рањнамої кунем.

11


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

Убайд ЗУБАЙДОВ, академики Академияи тањсилоти Тољикистон

бори дигар РОЉЕЪ БА ТАЪЛИМИ ТАФРИЌА Асосњои интихоби мазмуни тањсилот, љав­ њари он ва махсусан, равияи инсонпарваронаи он њанўз дар даврањои ќадим дар китоби муќаддаси эронинажодон «Авасто» дарљ гардида буд. Аз матнњои он бармеояд, ки гузаштагони мо тибќи ќобилият ба фарзандон таълиму тарбия медоданд. Ин назария дар замони њукмронии Сосониён, Сомониён ва дигарон таќвият ёфта, аз љониби шоирону фузало ва мутафаккирони мозї мавриди баррасию тањќиќ ќарор гирифтааст. Баъдтар дар осори шоирони бузурги форсу тољик Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Љомї, файласуфону мутафаккирони барљаста Абўалї Сино, Закариёи Розї, Хоља Насируддини Тўсї ва дигарон, дар эљодиёти олимон – педагогњо Унсурмаолии Кайковус, Њусайн Воизи Кошифї, Љобир ибни Њайён, Ањмади Дониш ва дигарон инкишоф ёфтааст. Масалан, Абуалї ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» ба омўзгорон тавсия медод, ки онњо пеш аз ташкили таълим бояд ќобилияту раѓбати бачагонро омўзанд. «Устод, - менависад ў, -мехоњад саноат (фан) биомўзад, бидонад, ки ба њар кадоме аз шогирдон завќу шоистагии омўхтан ва фаро гирифтани саноати махсусеро доранд. Бояд бо њар кас муносиби завќу истеъдодаш саноат омўхт, вагарна таълиму тарбия натиљаи матлуб намедињад». Оид ба ин масъала Љалолуддини Балхї чунин гуфтааст: Њар касеро бањри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Хулоса, дар давоми садсолањо то барќа­ роршавии Њокимияти Шўравї дар Тољикистон ба чунин тарзи таълим диќќат медоданд. Толибилм тибќи лаёќати фитриаш амал мекард 12

ва баъди пурра аз бар намудани сабаќаш ба омўхтани сабаќи дигар мегузашт. Устод Садриддин Айнї рољеъ ба тарзи таълим дар мактабу мадрасањои аморати Бухоро чунин менигорад: «Барои аз дарс ба дарс гузаштан шарт њамин буд, ки бояд бе њељ сактахонї ва забонгирї матни дарси гузаштаро дар пеши домулло хонда дињем». Аз гуфтањои боло бармеояд, ки гузаштагони мо унсурњои таълими тафриќаро вобаста ба ќобилияту раѓбати фитрии толибилмон борњо таъкид карда бошанд њам, оид ба масъалањои татбиќи назариявии он љиддан машѓул нашудаанд. Хоља Насриддини Тўсї дар асари безаволи худ «Ахлоќи Носирї» таъкид мекунад, ки табиати кўдак, фаросату зиракии кўдак дар ваќти таълим додан ба њисоб гирифта шавад, «зеро њама кас ба ёд гирифтани њама чиз истеъдод надорад». Мазмуни ќонунии њар як фанни таълимї дар мактаб якбора эљод нашудааст. Он аввалан, инкишофи илмии фанњо, сониян, равияи инкишофи љомеаро, ки дар супориши иљтимоии љомеа ба мактаб ифода меёбад, инъикос менамояд. Ба ибораи дигар, барномаи фанни таълимиро ба талаботи умумї, ки дар њар давраи инкишофи мактаб пеш гузошта мешуданд, мувофиќ менамуданд. Њанўз дар даврањои аввали барќароршавии мактабњои шўравї (солњои 1917-1932) аз супориши умумии иљтимої ба омўзгорон се љузъи асосии он таъкид шуда буд: талабот ба тањсилот, тарбия ва инкишофи хонандагон. Дар солњои 30-юми асри гузашта баъди ќарори КМ ВКП(б) оид ба мактаб диќќати омўзгорон ба ташаккули дониши бонизоми «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

хонандагон равона гардид. Таваљљўњи асосї ба низоми таълим љалб шуд. Ин амал ба ташаккули дониши бонизом ва њалли масъалањои тарбия ва инкишофи хонандагон мусоидат намуд. Дар замони Љанги Бузурги Ватанї (19411945) таълиму тарбия дар мактаб рўњи љанго­ варона гирифт. Дар ин маврид диќќати асо­ сї ба тарбия љалб карда шуд. Дар курси тањ­силоти фанњо маводе дохил шуданд, ки ањамияти мудофиавї доштанд. Баъди љанг аз солњои 1950-1951ба таълими политехникї дар мактаб эътибори калон дода шуд. Таваљљўњ ба таълим ва тарбия супориши иљтимоии он давра гардид. Ин ба инкишофи мактабиён таконе дод, зеро дар таълими шогирдон наќши мушоњида, муќоиса, тањлил ва ѓайра зиёд гардид. Баъди ба даст овардани истиќлолияти љумњурї дар соњаи илму фарњанг ва маърифат як ќатор дигаргунињо ба вуќуъ пайвастанд. Барномаи нави таълимї дар асоси стандарти давлатии тањсилот, консепсияи тањсилот бо назардошти бењтарин арзишњои миллї тањия шудаанд, ки дар муайян намудани дурнамои тањсилот (таълим, тарбия ва инкишоф) дар кишвар наќши муњим бозиданд. Дар шароити њозира ќувват гирифтани принсипи таълими тарбиявии хонандагон дар тамоми риштањо (ѓоявї, мењнатї, маънавї ва ѓайра) хос мебошад. Дар робита ба ин масъалаи баланд бардоштани моњияти тарбиявии фанњои таълимї пеш меояд. Мазмуни фанњои таълимї ва сохтори онњо ба њалли ин масъала мусоидат менамояд. Давраи њозираи пешрафти илмию техникї ва иљтимої дигаргун сохтани мазмуни тањсилоти тафриќаи фанњоро таќозо намуд: Донишњои љамъбастї дар асоси ѓояњои илмї, мафњумњо, назарияњо, принсипњо. Ба њисоб гирифтани таваљљўњи хонандагон ва майлњои инфиродии онњо. Сохтани вариантњои наќшањои таълим, барномањо, китобњои дарсї барои ба њисоб гирифтани чи хусусиятњои љумњурї, чи тавофути зењнию њиссии хонандагон, суръат ва дараљаи инкишофи психологии шогирдон имкон медињад. Интихоби фанњои њатмї, ки асоси стандарти давлатиро ташкил медињад ва ба шароити «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

љумњурї ва хусусиятњои фардии хонандагон вобаста нестанд. Ќисмати тафриќавии фанњо, ки ба инкишофи хусусиятњои фардии шогирдон нигаронда шудааст. Меъёри мазмуни маълумоти фанњо, ки стандарти тањсилот муќаррар сохтааст, моњиятан аз њадди аќалли дараљаи ќонунии дониши хонандагони мактабњои тањсилоти умумї баланд бошад. Стандарти давлатї риояи ќатъии ин меъёрро талаб мекунад. Аммо аз ин меъёр боло рафтан, ба бачањо мувофиќи ќобилияти равонию љисмонї ва малакаи онњо дар њаљми васеъ дониш омўхтан мумкин аст. Дар шароити Љумњурии Тољикистон инро танњо метавон дар синфњои тафриќа (Х-ХI), литсейњо, гимназияњо ва дигар намудњои нави мактабњои тањсилоти умумї ба амал баровард. Дар ин замина њангоми тањияи барномањои таълимии равияњои табиию риёзї, гуманитарию љамъиятї ба онњо маводи иловагї ва маълумоти нав дохил карда шудаанд. 1. Мазмуни тањсилот дар таълими тафриќа: Мувофиќати мазмуни тањсилоти тафриќаи фанњо бо манзараи ќонунии инкишофёбандаи љањон ва тараќќиёти љомеа. 2. Ягонагии диалектикї дар мазмуни тањси­ лоти фанњо асос ва ќисми тафриќа-шудаи он, яъне мувофиќати ягонагии миллї ва минтаќавї бо дигар ќисматњо. 3. Инсонгароикунонии тањсилот. 4. Такмили мазмуни таълими тафриќа. Иљрои масъалањое, ки аз барномањои тафри­ ќавии фанњо бармеояд, такмили методи таълими онро талаб мекунад. Дар раванди таълими фанњо муаллим диќќати хонандагонро ба муњимтарин ќонуну мафњумњои илмї љалб намуда, ба омўзиши мустањками ин маълумоти назарї ноил мегардад. Барои ташаккули малакањои зарурии хонандагон њалли масъалањо, татбиќи дониши андўхта дар амал, њангоми кор бо китобњои дарсї ва адабиёти иловагї, њини гузаронидани озмоиш ва ѓайра таъкид мешавад. Њангоми тафсири мафњумњои назарї бояд ба маводи таърихии мамлакат такя намуд ва дар ин замина бо хонандагон нишон дод, ки кашфиёти илмї чї навъ сурат мегирад, чї душворињое дар ин роњ дучор меоянд ва онњо чї гуна бартараф мешаванд. 13


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

Њамчунин ба хонандагон нишон додан зарур аст, ки ин кашфиёт дар ганљинаи илми љањонї чї њиссае гузоштааст. Баробари такмили методикаи таълим фаъолнокии маърифатии шогирдон, майли онњо ба фанњои таълимї инкишоф дода шуда, диќќаташонро ба маводи мањал ва осори ниёгон љалб кардан зарур аст. Яке аз роњњои ноил гаштан ба ин маќсад тавассути ташкили корњои мустаќилона дар раванди таълим вусъат додани фаъолияти хонандагон мебошад. Таълимро чунон ташкил кардан зарур аст, ки бачањо дар дарс мавзўъро аз худ намоянд. Чун ин љо бачањо аз рўи ќобилият, малака ва майлу хоњишашон љамъ омадаанд, њам мавзўъњои умумї ва њам иловагї бе чуну чаро аз худ хоњанд шуд. Яке аз роњњои асосии низоми таълим дарс мебошад ва он ягона василаи баланд бардоштани сифати таълим аст. Агар нек назар кунем, ќариб дар њамаи синфњои мактабњо талабагони боистеъдод њастанд. Онњо ба тарбия, яъне дастгирї мўњтољанд. Яке ба фанњои табиї, дигаре ба фанњои гуманитарї шавќу њавас дорад. Он проблемањои педагогие, ки њар рўз дар синф талабагон бо он рў ба рў меоянд, њалли чунин масъалањоро таќозо менамоянд: Чї бояд кард, то ки дар 45 даќиќаи дарс шавќу раѓбати хонандагон ба кору фаъолияти таълиму тарбия зиёд шавад? Чї тавр њаљми маводи таълимро, ки дар дарс омўхта мешавад, чуќур ва васеъ бояд кард? Суръати таълимро чї тавр бояд тезонд? Мустаќилияти хонандагонро чї тавр бояд инкишоф дод? Ваќтро чї тавр бояд сарф кард ва ѓайра? Яке аз омилњое, ки њалли проблемањои зикршударо осон мегардонад, ин таълими тафриќа аст, чунки маљмўи маълумотро такмил медињад ва пурра мекунад. Дар раванди тадрис ба он бояд кўшид, ки њар як дарс эљодкорона ва самаранок гузарад. Дар дарс фазои эљодкориро бояд фароњам овард ва имкониятњои тарбиявии мавзўъро пурра татбиќ намуд. Аз синфи Х-ХI сар карда, дар дарс дар зинањои мухталифи омўзиши маводи нав, љамъбастњо ва мустањкам кардани мавзўи гузашта кори мустаќили тафриќавї (саволњо, 14

машќњо, масъалањо) тањия гардидаанд ва сан­љиши дониши хонандагон, имкониятњои маъ­рифатии онњо (муайян карда тавонистани чизи асосї дар мавод, ба наќша гирифтани кори худ, назорати иљрои он) ба њисоб гирифта мешаванд. Дар робита бо ин супоришњои седараљагї тартиб додан зарур аст. Дараљаи якум (I) фаъолияти репродуктивии маърифатї, дуюм (II) љутуљўї ва сеюм (III) фаъолияти эљодии хонандагонро дар бар мегирад. I. Кори мустаќилона бо китоби дарсї низ вобаста ба имкониятњои маърифатии њар як хонанда ташкил мешавад. Дар ин њолат муќаррар кардан зарур аст, ки кадом мавод метавонад дар дарс мустаќил омўхта шавад. II. Муносибати тафриќавї имкон медињад, ки кори мустаќилона бо фаъолияти эљодї, пурсамар доир карда шавад (III). III. Супоришњои эљодї (II ва III) дар баъзе мавридњо барои кори мустаќилона дар хона тавсия мешаванд. Дар омўзиши тафриќа муњимтарин омили инкишофи илмї ва љањонбинии хонандагон машѓулиятњои семинарї, корњои инфиродию мустаќили хонандагон ва масъалањои мухталифи њисобї ба шумор мераванд. Њамаи онњо ањамияти тарбиявї низ доранд. Њоло дар даврае, ки дар саноат ва иќти­ содиёт кадрњои баландихтисос талаб карда мешаванд, њамаи шаклњои таълими тафриќаи фанњо дар мактаб ањамияти калони амалї касб мекунанд. Ба андешаи мо, барои такмилу татбиќ, такмили мазмуни тањсилот, самаранокии наќшаю барномаи таълим ва китобњои дарсї дар Љумњурии Тољикистон чунин чорабинињоро амалї намудан зарур мебошад: – тамоми низоми маориф барои бедор намудани шавќу њаваси шогирдон равона карда шавад. Њамаи чорањоро андешидан лозим аст, ки муаллимон ва хонандагон ба мактаб мењру муњаббат дошта бошанд ва бо камоли шавќ асосњои илмро азхуд намоянд; – барномањои таълимиро аз бунёдашон такмил додан ва ё комилан аз нав навиштан зарур аст. Бо андак ислоњу иловањо, ки њоло мебинем, барномаи таълим мукаммал намешавад. Барномаи таълим бояд мухтасар, вале пурмазмун бошад; «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

– китобњои дарсї бояд камгўй, пургунљоиш ва дастури аввалиндараља бошад; – дар таълифи китобњои дарсї бояд донишмандони варзида, эњтиёткор ва масъулиятшинос љалб шаванд. Китобњои дарсиро то аз тањрири љиддии забонї нагузаранд, ба нашр тавсия кардан нашояд; – сарварони маориф дар татбиќи ислоњоти наќшаю барномаи таълим масъулият њис намоянд; – кормандони соњаи маориф зарур ва ногузир будани такмили низоми мактабро дарк кунанд; – барои таълимгоњњои типпи нав ва таълими тафриќа барномањо ва китоби дарсии мувофиќ тањия шаванд; – усулњои самаранокии таълим дар мактабњо њаматарафа татбиќ шаванд; – низоми таълимро бояд чунон ташкил кард, ки шогирдони мактабњо фикр кардан, љустуљў намудан ва хулоса бароварданро ёд гиранд. Омадасозии махсуси методии омўзгори оянда дар шароити таълими тафриќа: Проблемаи таълими тафриќа нав нест. Вай њамеша таваљљўњи олимон, педагогњо, равоншиносон ва методистонро ба худ љалб намудааст. Ибтидои солњои 90-уми асри гузашта таваљљўњ ба таълими тафриќа афзуд, ки он ба дигаргунињои иљтимоиву иќтисодии љомеа ва ивазшавии арзишњо алоќаманд мебошад. Дар љомеа дарки моњияти њар як шахс меафзояд. Дар робита ба ин мањз таълими тафриќа бояд талаботи маърифатии мактабиёнро ќонеъ намояд, ќобилияти онњоро инкишоф дињад, раванди таълимро бо хусусиятњои равонии хонандагон мутобиќ созад, ба худтакмилдињии эљодии онњо мусоидат кунад. Ояндаи маълумоти мактаб ба ќависозии тафриќа ва дар зинањои болоии мактаб ташкил намудани таълими равияњо вобаста мебошад. Имрўз таълими тафриќа дар мактабњо бо намудњои гуногун амалї мегардад: 1. Тафриќаи муфассал. 2. Тафриќаи мањдуд. 3. Тафриќаи дохили синф. 4. Тафриќаи ихтисосмандон. 5. Таълими тафриќа баъди синфи 9 (намуди нав). 6. Тафриќаи машѓулиятњои факултативї. 7. Тафриќаи дохилї. 8. Тафриќаи берунї. Ин намудњои таълими тафриќаро дар дарс, корњои беруназсинфї, берун аз мактаб, мањ­ «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

филњо, дастањо, гурўњњои њунарї, марказњои техникї ва ѓайра татбиќ кардан мумкин аст. Ваќте ки бачањо бо ихтиёри худ равияњоро интихоб мекунанд ва ба он бо назари нек, майлу хоњиши том менигаранд, шавќу њавас ва ќобилияти онњо инкишоф меёбад. Аммо инкишофи ин гурўњи хонандагон на танњо ба худи онњо, инчунин ба омўзгорон вобаста аст. Лаёќатмандии талабагон аввало боигарии давлат буда, баъд боигарии шахс мебошад. Онњо сарвати бебањои љомеа мебошанд. Мактаби олї манфиатдор аст, ки бо мактабњои миёна алоќа дошта, ин гуна мактаббачањоро ба донишгоњ љалб кунад. Мактабшинос В.Сухомлинский барњаќ менависад: «Агар фарди солим дар омўзиши фанне комёб нагардад, агар ў фанни дўстдоштае надошта бошад, пас мактабе, ки тањсил кардааст, мактаби њаќиќї набудааст». Пеш аз њама бояд тафовути таълим дар синфњои равия ва синфњои омўзиши амиќи фан муайян карда шавад. Тафовут дар дараљаи тахассусгирї вуљуд дошта, дар амиќии омўзиши фанњои мувофиќи таълим, њамчунин фарохии фарогирии теъдоди хонандагон зоњир мешавад. Омўзиши амиќ ба ќадри кофї дараљаи баланди тайёрии талабагонро таъмин сохта, баробари ин миќдори шогирдонро мањдуд мекунад. Таълими равия фаъолияти демократї ва фарохии мактабро дар зинаи боло дар назар дорад. Ба њар як равия, ки њиссаи муњими сарбории умумї ба он људо мегардад, эътибори зиёд дода мешавад. Ташкили таълими равия дар назди пе­да­ гогњою равоншиносон масъалаю вази­фањои мураккаб мегузорад. Дар байни онњо равияи таълим, номгўи синфњои равия, таъмини зарурии методї (барнома, китобњои дарсї), омодасозии фаъолият маќоми намоён доранд. Аз таълими равия самтњои зеринро људо кардан мумкин аст: – таълими равия бар асоси фанњо; – таълими равия оид ба соњаи фаъолияти ихтисоси инсон; – таълими равия оид ба љузъиёти асосии сохтори фаъолияти инсон. Имрўз татбиќи таълими равия бар асоси фанњои мављудаи таълим имкон дорад, ки инро таљрибаи мактабњо исбот менамояд. 15


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

Номгўи равияњои таълим масъалаи ало­ њидаро ташкил медињад. Гап дар сари он аст, ки миќдори равияњо чандон зиёд буда наметавонанд. Дар акси њол мо бо синфњои омўзиши амиќи фан сару кор мегирем. Муайян кардани ду равия - илмию табиї ва гуманитарї худ ба ѓояи тафриќаи таълим мувофиќи маќсад хоњад буд. Њоло ќариб дар њар як мактаб дар зинаи болоии таълим синфњои равия ташкил ёфтаанд. Доираи онњо хеле гуногун мебошад, вале одатан равияњои табиию илмї (биологию химиявї), физикию риёзї ва гуманитарї афзалият доранд. Барои синфњои равияи мављуда (шартан онњоро равияњои муосир меномем) њанўз масъалањои мазмун, шакл, метод ва воситањои таълимї, њамчунин фанњои ѓайриасосии таълим њаллу фасл нашудаанд. Аз тањќиќњо ва адабиёти илмї маълум мешавад, ки дар мамлакатњои Ѓарб, хусусан, мамлакатњои пешрафта, ба таълими тафриќа диќќати љиддї медињанд. Дар ин мамлакатњо 70 %-и мактабњои таълими тафриќа фаъолият мекунанд ва ба онњо 15-20%-и иловагї маош дода мешавад. Шогирдони ин мактабњо бе имтињон бо ихтисоси худ ба мактабњои олї дохил мешаванд. Дар рисолаи педагоги машњури Олмон Г. Гербер «Тафриќаи дохилї дар таълим» чунин омадааст: «Таълим дар мактаб бе тафриќа маънї надорад, њатто хонандагони як синф ва як синну сол ба шаклњои гуногуни тафриќа эњтиёљ доранд, зеро онњо аз нигоњи мавќеи иљтимої, инкишофи зењнї, њавасмандї ба таълим, давомот, суръати кор, технологияи мењнат, ќобилияту таваљљўњ ба фан ё мавзўи муайян аз њамдигар тафовут мекунанд». Воќеан тавофут дар миёни бачањои як синну сол мављуд аст, ки инро набояд инкор кард. Консепсияи таълими тафриќа дар зинаи болоии мактабњои тањсилоти умумї низоми нави равиянокии тањсилот (шартан синфњои мувофиќро «ояндадор» меномем)-ро пешнињод менамояд. Ин консепсия чунин равияњои асосии таълимро тавсия медињад: табиию риёзї, иттилоотию технологї, гуманитарї ва иљтимоию иќтисодї. Низоми мазкур дараљаи боз њам баланди тахассусии равияњоро амалї мегардонад. Њар 16

як равия бояд намудњои зерини курсњои таълимро дар бар гирад: – курсњои тањсилоти умумии такягоњї (ба­ завї) - курсњои барои хонандагони тамоми равияњои таълим њатмї; – курсњои равия – курсњои дараљаи баланд, ки тамоюли њар як равияи мушахасси таълимро муайян мекунанд; – курсњои омехта – курсњои њатмї оид ба интихоби хонандагоне, ки ба равияи таълим шомиланд. Консепсияи тањсилот њамчунин масъалаи методии таълими равия ва омадасозии кадрњои педагогиро ба миён мегузорад. Ба ин муносибат силсилаи саволњои анъанавї ба миён меояд: Тайёр кардан барои чї? Ба чї омода намудан? Чї тавр омода на­ мудан? Љавоби саволи якумро дар шароити иљтимоию иќтисодии имрўза муњим будани таълими равия таќозо менамояд. Ба саволи дуюм љавоби ќатъї додан душвор аст, зеро интихоби равияњои таълим дар синфњои њозираи равиядор аз интихоби равияњое, ки консепсияњои таълими равия (синфњои ояндадори равияњо) тавсия мекунад, тавофут дорад. Дар кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї чунин таљрибаи омодасозии донишљўён сурат гирифта, натиљањо ба даст омадаанд, ки аз самаранокї ва маќсаднокии он гувоњї медињанд. Омодасозии махсуси методии донишљўён барои кор дар синфњои гуногунравия бар асоси курсњои мувофиќ амалї мегардад. Ин курси махсус омодасозии методии муаллимони химияро идома дода, бар асоси донишу малакањое, ки донишљўён њангоми омўзиши методикаи таълими химия, инчунин силсилаи фанњои педагогика, психология, химия, биология, физика, риёзї ва фанњои љамъиятию гуманитарї омўхтаанд, фаъолият мекунад. Яке аз муњимтарин шартњои баланд бардоштани таълими фанњо дар мактаби миёна робитаи зичи он бо мактаби олї ба шумор меравад, чунки робита ба бењтар шудани сифати маълумоти фанњо таъсири муњим мерасонад. Курси махсус ду ќисмати њамгирошавандаро дар бар мегирад - психологию педагогї ва ташкилию такмилї. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

1. Дар ќисмати психологию педагогї до­ нишљўён хусусиятњои фаъолияти таълимию маърифатии хонандагони синфњои гуногунравия ва усулњои ташхиси онњоро меомўзанд. Дар ќисмати ташкилию такмилї муносибатњои асосї ба таркиби мазмуни фанњои синфњои гуногунравия, ки барои њар як равия ва усулњои таълим то андозае мувофиќанд, баррасї мешаванд. 2. Курси махсус тавассути шаклњои мухталифи кор бо донишљўён – сўњбатњо, семинарњо, практикумњо, корњои мустаќилона, маслињатњо ва ѓайра амалї мегардад. Интихоби мазмуни таълими тафриќа муво­ фиќи принсипњои зайл сурат мегирад: 1. Принсипи муттасилї. 2. Принсипи системанокї. 3. Принсипи њамгиро. 4. Принсипи андўхтани дониш. 5. Принсипи равиянокї. 6. Принсипи тамоюл. Проблемањои њалталаби таълими тафриќа 1. Донишњои љамъбастї дар асоси ѓояњои илмї, мафњумњо, назарияњо ва принсипњо амалї карда шавад. 2. Ба њисоб гирифтани таваљљўњи хонандагон ва майлњои инфиродии онњо. 3. Тањия сохтани вариантњои наќшањои таълим, барномањо, китобњои дарсї ва ба њисоб гирифтани чи хусусиятњои љумњурї, чи тавофути зењнию њиссии хонандагон, суръат ва дараљаи инкишофи психологии шогирдон ва ѓайра. 4. Интихоби фанњои њатмї, ки асоси стандарти давлатиро ташкил медињанд ва ба шароити љумњурї ва хусусиятњои фардии хонандагон вобаста бошад. 5. Ќисмати тафриќавии фанњо ба инкишофи хусусиятњои фардии шогирдон нигаронида шавад. 6.Тањия намудани тавсияњои методї барои озмоиш ва татбиќи воќеъии таълими тафриќа. 7. Омўзиши таљрибаи пешќадам ва коркарди асосњои илмии таълими тафриќавї. 8. Муайян намудани хусусиятњои равонию методии таълими тафриќа дар синфњои гуногун. 9. Тањия намудани стандарти давлатї ва консепсияи таълими тафриќа. 10. Тањияи консепсияи китобњои дарсї дар асоси консепсияи таълими тафриќа. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

11.Наќшањои таълимї бояд сербор набошанд (фанњои њатмї, њатми интихобї, интихобї ва таносуби фанњо 50/50, 60/40, 70/30). 12. Низоми таълимро бояд чунон ташкил кард, ки шогирдони мактабњо фикр кардан, љустўљу намудан ва хулоса бароварданро ёд гиранд. Шартњои муайян кардани дониш: Дар маљ­ мўъ барои муайян кардани дараљаи дониш, мањорат ва малакањои хонандагони синфњои тафриќавї ду гурўњи саволњоро ба роњбарї бояд гирифт: Гурўњи якум – шароити педагогию равонии ташаккул ва инкишофи бачањои ќоби­ лиятмандро дар бар мегирад: Мушоњидаи малака ва ќобилият дар доираи инкишофи шахсият. Амалан азхуд кардани озмоиши равонї ва меъёрњое, ки бачањои ќобилиятмандро муайян мекунанд. Наќши шахсияти муаллим дар инкишофу тарбияи хонанда: танњо омўзгори ќобилиятманд метавонад хонандаи ќобилиятмандро тайёр намояд. Таълиме, ки барои дарёфт ва инкишоф додани имконияти аќлию эљодии мактабиён шароити зарурї фароњам меорад. Аз тарафи муаллим ба њисоб гирифтани ќонуниятњои психологии инкишофи хонанда дар раванди таълиму тарбия. Татбиќи муносибати инфиродї дар раванди таълиму тарбия бо маќсади дар оянда низ инкишоф ёфтани малакаю мањорати хонандагон. Љалб намудани шогирдон ба навъњои мухталифи корњои мустаќилона бо маќсади дар онњо ташаккул додани малакаю мањорати мухталиф. Фароњам овардани фазои ахлоќию равонї дар байни хонандагон бо маќсади зоњир сохтани ќобилияту малакаи онњо. Ташкил ва татбиќи амали якљояи муаллимон, падару модарон ва ањли љомеа дар њалли амали масъала (дарёфт ва тарбияи бачањои ќобилиятманд). Гурўњи дуюм як ќатор тавсияњоеро дар бар мегирад, ки диќќати доимиро талаб мекунанд: 1. Азбаски масъалаи дарёфт ва инкишофи бачањои ќобилиятманд ба њайси вазифањои аввалиндараља дар низоми тањсилоти Љумњурии Тољикистон мавќеи асосиро ишѓол накардааст, 17


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

лоаќал бояд аз зарурати кор бо чунин бачањо сухан гуфт. 2.Зуњуроти малакаю ќобилияти бачањо аз методикаи ташаккули донишу малакаи онњо вобаста мебошад. Методикаи ташхисро њамвора такмил додан ва онро амиќ, фањмо ва мухтасар кардан зарур аст, ба хотири он ки вай њам дар мавриди худ нерўи тањрики инкишофи бачањои лаёќатманд бошад. 3.Мављудият ё муайн намудани тањсилоти умумию хусусї чунин маънї надорад, ки онњо бояд такмилу инкишоф наёбанд. Инкишофи њаќиќии лаёќат танњо дар сурате ба амал меояд, ки барои инкишофи он таълими махсусе, ки ба кори мустаќилонаю эљодии хонандагон асос ёфта бошад, ташкил шавад. Мањз барои њамин ташкили литсейњо барои бачањои лаёќатманд сазовори дастгирї мебошад. 4.Асоси инкишофи таваљљўњи маърифатии бачањоро мазмуни муайяни фаъолияти ў ташкил медињад. Агар дар фаъолияти бача лањзањои маърифатї зиёдтар мушоњида шавад, натиљањои он пурсамар хоњад буд ва ин дар мавриди худ имконияти зуњуроти ќобилият ва мањорати бачањоро баланд мебардорад. 5.Идораи ѓамхоронаи раванди ќобилияти бачањои лаёќатманд шарти асосии инкишоф ва такмили истеъдоди бачањо мебошад. Агар муаллим љой, ваќт ва тарзи идораи раванди инкишофи истеъдодро ба њисоб гирад, он гоњ њангоми дарёфти бачањои лаёќатманд њодисањои манфї ба вуљуд намеоянд ва идораи фаъолияти бачањо осон мегардад, барои дарёфтани лаёќатњои нави бачањо мусоидат мекунад. 6.Барои озмоиши бачањо тестњоеро, ки дар солњои мухталиф тањия шудаанд, истифода бурдан мумкин нест. Онњоро бояд санљид, таѓйир дод ва ба шароити љумњурї мувофиќ сохт. Барои њамаи фанњо тест тайёр кардан зарур мебошад. 7.Дар назди Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи назди Академияи тањсилоти Тољикистон ё кафедрањои педагогика ва психологияи мактабњои олї ё дар назди яке аз литсейњои шањри Душанбе шўъбаи озмоиш ва тањќиќи таълими бачањои лаёќатманд кушодан ба маќсад мувофиќ мебошад. 18

8.Азбаски хонандагони лаёќатмандро муаллими боистеъдод ва мењнатдўст тайёр карда метавонад, пас зарур аст, ки дар назди Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф кабинети махсуси кор бо бачањои лаёќатманд кушода шавад. Самтњои мусбати таълими тафриќа ин­ њоянд: 1. Дар як синф ба таълим фаро гирифтани талабагони гуногун ѓайриимкон аст. 2. Ба гурўњњо таќсим шудан ба муаллим имконият медињад, ки ба бачањои сустхон ва хубхон ёрї расонад. 3. Дар синф теъдоди бачањои сустхон тамоман кам гардида, сатњи таълим ва сифати он баланд мешавад. 4. Барои бачањое, ки тарбияи хуб надоранд, шароит ва ваќт пайдо мешавад. 5. Бачањои лаёќатманд имкон пайдо мекунанд, ки дар сатњи баланд ва бо сифати хуб зудтар ва амиќтар дарсро азхуд кунанд. 6. Сатњи дониши гурўњњои лаёќатманд вусъат меёбад, онњо мустаќилият ва масъулият њис менамоянд. 7. Дар гурўњњое, ки талабагони якхела лаёќатдор мављуданд, азхуд кардани дарс осон мегардад ва якдигарфањмї сурат мегирад. 8. Таълими тафриќа шароит фароњам меорад, ки хонандагон имкониятњои худро ба таври васеъ истифода баранд, мустаќил бошанд, масъулият њис кунанд ва њамаљониба камол ёбанд. Љињати манфии таълими тафриќа аз он иборат аст, ки бачањои сустхон имконияти ёрї гирифтан надоранд ва бачањои лаёќатманд маѓрур мешаванд ва дар натиља дар байни шогирдон нофањмї ба амал меояд. Истиќлолияти давлатї (1991) роњро барои таъсиси маорифи миллї кушод. Асосњои њуќуќии татбиќи таълими тафриќаро дар мактаб ќабули «Консепсияи мактаби миллї дар Љумњурии Тољикистон» (июни соли 1994) гузошт. Барои татбиќи он њанўз аввали солњои 90-уми асри ХХ дар ПаЉўњишгоњи илмњои педагогии Тољикистон (њоло Пажўњишгоњи рушди маорифи назди Академияи тањсилоти Тољикистон) лабораторияи таълими тафриќа ва њамгиро таъсис дода шуданд. Натиљањои озмо«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

иши кормандони лаборатория собит намуд, ки паст будани сифати дониши хонандагон на дар тарзи таълим, балки дар ба инобат нагирифтани шавќу раѓбат ва ќобилияти онњо мебошад. Њамин аст, ки дар мактабњо љорї намудани таълими тафриќаи фанњоро пешнињод намуданд. Дар натиљаи зањматњои пайгиронаи онњо як силсила њуљљатњо тањти унвони «Мактаб дар роњи бозсозї» (-Душанбе, соли 1991) пешкаши ањли љомеа ва кормандони соњаи маорифи Тољикистон гардиданд. Дар он самтњои аслии татбиќи тафриќа, наќшањои гуногуннусхаи таълим, барномањои омўзишї ва риштањои таълими тафриќа мушаххасан муайян карда шуданд. Мутаассифона, бо гузашти айём он њуљљатњо ба гўшаи фаромўшї супорида шуданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро? Ба андешаи мо, сабабњо зиёданд, аз љумла, аз надонистани ањамияти ин падида дар тафаккури шахшудаю ќафомондаи љомеа; аз љињати молиявї, илмию методї ба ќадри зарурї таъмин набудани ин падида; аз тарафи ањли маориф ва падару модарон дастгирї наёфтани он ва ѓайра. Ин норасоињо ба татбиќи пурраи таълими тафриќа дар мактабњои љумњурї халали љиддї ворид карданд. Садрнишинон ва «назариядонони» Вазорати морифи Љумњурии Тољикистон дар аввали асри ХХ1 татбиќи пурраи таълими тафриќаро нодида гирифта, роњи гузаштаи даврони шўравиро пеш гирифтанд. Њоло дар љумњурї дар зиёда аз 400 мактаби тањсилоти умумї бо ном таълими тафриќа амал мекунад. Чаро бо ном таълими тафриќа? Чунки асосњои педагогию психологї, барномаю китоби дарсї ва дигар маводи омўзишии он аз љињати илмию методї тањќиќу баррасї нашудаанд. Сониян, хатмкунандаи тафриќаи табиию риёзї бе мамониат метавонад донишљўи факултањои љомеашиносї ё гуманитарї шавад, ё ки баръакс. Ин амал то имрўз идома дорад ва касе пеши роњи онро намегирад. Чунин тарзи корбурд як андоза маънии риоя накардани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи мактаби миллї дар Љумњурии Тољикистон» ва дигар њуљљатњои меъёрию њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

ва Вазорати маорифро дорад. Бояд зикр намуд, ки дар солњои охир бо кўмаку дастгирии ташкилотњои байналмилалии хориљии соњаи маориф дар ин самт баъзе корњои муфид ба сомон расонида шуданд. Вале боз њам таъкид мекунам, ки бо сабаби кўњнапарастї ва дилбастагї ба низоми мактабдории собиќ шўравї мо имконият пайдо накардем, ки ба дурустї фалсафаи таълими тафриќаро дар мактабњои тањсилоти умумї љорї намоем. Бо вуљуди ин мояи ифтихор ва сарбаландї аст, ки дар давраи истиќлолияти давлатии Тољикистон як зумра олимони педагогикаи тољик, аз љумла М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, муаллифи ин сатрњо, шогирдоне, ки оид ба таълими тафриќа рисолањои номзадї њимоя кардаанд - С.Алимов, Л.Назирова, Хушназарова, Д. Саидамадова ва дигарон дар тањќиќу татбиќи таълими тафриќа корњои илмии бунёдї навишта, дастраси ањли илму маорифи љумњурї гардониданд. Таълими тафриќа бо назардошти ќобилият ва истеъдоди хонандагон сурат гирифта, њаргиз њадафи ба табаќањо људо кардани онњоро надорад, балки шароити мусоид фароњам меорад, ки шогирдон аз имкониятњои табиии хеш фаровон истифода баранд, лаёќату ќобилияти хешро њамаљониба зоњир кунанд. Ин шакли омўзиш ќабл аз њама ба талаботи ботинии хонандагон љавобгўй буда, дар асоси ривољи њаматарафаи ќобилияту истеъдод сурат мегирад. Мактаб њамеша љустуљўи усулњои наву пурсамари таълимро таќозо мекунад. Мо бояд бо шаклу усулњои мављуда ќонеъ нашавем, балки роњу воситањои тозаро чустуљў намоем ва онњоро пурсамар истифода барем, таълиму тарбияи насли навро мувофиќи талаби замон пеш барем. Њаќ ба љониби Президенти мамлакат мўњтарам Эмомалї Рањмон аст, ки гуфтааст: «Мо њар ќадар аз аќидањои кўњнаю ќолабии одаткардаи худ оид ба маориф зудтар даст кашем, њамон ќадар зудтар тарбия ва таълимро бо стандарти љањонї наздиктар менамоем, агар шароит гуфта шинем, онро њељ кас муњайё намекунад».

19


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

Хадамоти психологї дар кори мактаб таърихи куњан дошта, дар як ќатор давлатњои љањон ба дараљаи баланди хиз­матрасонї расидааст. Ба­рои дар сатњи зарурї ба роњ мондани кори таълиму тар­б ия, баланд бардоштани сифати таълим, омўхтани хусусиятњои инфиродии хонандагони алоњида, ташкили муносибати солим ва мувофиќ ба маќсад бо хонандагон, ташаккул додани маромњои табиию зарурї, интихоби дурусти касб, ташкили муносибат ба волидайни хонанда ва коллективи омўзгорї расонидани ёрии психологї ба маќсад мувофиќ аст. Бояд ќайд кард, ки фаъо-

гун - шавќу њавас, ќобилият, дараљаи дониш, инкишофи тафаккур, типи мизољ ва ѓайра мусоидат менамояд. Дар мактабњои ИМА, Англия, Фаронса, Австрия ва дигар кишварњои аврупої ба таври васеъ аз тестњои мак­ табї истифода мебаранд. Маќ­ сади истифодабарии тестњои мактабї муайян намудани дараљаи лаёќати аќлии хонандагон мебошад. Дар Љумњурии Тољикистон ташкили хадамоти психологї пурра њалли худро наёфта бошад њам, таљрибаи ба равияњо тафриќа намудани раванди таълим љой дорад. Дар ин љода олимони соњаи педагогика М.Лутфуллоев, У.Зубайдов,

Латофат НАЗИРОВА, номзади илмњои педагогї

НАЌШИ ХАДАМОТИ ПСИХОЛОГЇ дар муассисањои таълимию тарбиявї лияти хадамоти психологї дар муассисањои таълимиву тарбиявї (томактабї, мактабї ва истењсолї)-и ИМА аз рўз­ њои аввали таъсисёбї то ба имрўз ба дастовардњои бузурги илмиву амалї ноил гаштааст. Хадамоти психологї дар ИМА асосан ба муайян намудан ва бањо додан ба ќобилияти њар як шахс равона шуда, тавассути тестњо, омодагии кўдак ба мактаб, дараљаи дониши хонанда дар зинањои гуногуни мактабї, ќобилияту истеъдоди табиию ташаккулёфтаи хонандагон, тарзњои ташкили кор бо хонандагони сустхону миёнахон ва болаёќат ва ба тафриќа људо намудани онњо аз рўи меъёрњои гуно20

Ф.Шарифзода ва чанде дигарон меъёрњои ба тафриќа људо намудани раванди таълими хонандагонро мавриди омўзишу тањќиќ ќарор додаанд. Дар як ќатор мактабњои Љумњурии Тољикистон (мактабњои тањ­ силоти умумии № № 21, 35, 55-и шањри Душанбе, № № 1, 4, 22, 149-и шањри Вањдат) ба тафриќа људо намудани раванди таълим ва ба равияњо људо намудани он мавриди тањќиќу омўзиш ќарор гирифт, ки он натиљаи дилхоњ ба бор овард. Њар хонанда имконият ва майлу хоњиш пайдо кард, ки ба гурўње шомил шавад, то донишњои заруриро мувофиќ ба имкониятњои доштаи худ гирад.

Дар таљриба асосан ду модули хадамоти психологї дар низоми тањсилот љой дорад. Аввалан гурўњи психологњо дар низоми маорифи шањру ноњияњо фаъолият менамоянд. Ин таљриба асосан дар Аврупои Шарќї (Венгерия, Чехословакия) маъмул гаштааст. Модули дуюми хадамоти психологї бевосита дар мактабњо ташкил шудааст, ки на танњо ба коллективи хонандагон, балки бо омўзгорону волидайни хонандагон низ њамкории зич дорад. Ин тарзи хадамоти психологї имконият медињад, ки психолог шахсияти хонанда ва рафтору мароми ўро дар шароити муќаррарии тањсил омўхта, тавассути тањлили амиќу хуло­

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

сабарорињои даќиќ шахсияти хонандаро бањогузорї намояд. Ин модул имконият медињад, ки психолог њамарўза бо хонандагон бошад ва дар њалли масъалањои пешомада кўмаки заруриро сари ваќт расонад. Кори психолог дар низоми тањсилот зарур ва муњим аст, зеро таѓйироти куллие, ки дар давраи бўњронњои синнусолї, душвориву монеањои зиёде дар муносибат бо њамсолон, омўзгорону атрофиён, мушки­ лињои таълиму тарбия ва интихоби дурусти касб ба миён меояд, мањз тавассути тавсия ва кўмаки психологи мактабї то андозае њалли мусбии худро пайдо мекунад. Аз ин рў, ташкил ва фаъолияти хадамоти психологї дар мактаб таќозои замони муосир буда, вазифаи асосии ин хадамот гузаронидани ташхисњои психологї ва дар заминаи он муайян намудани душворињо дар ташаккули шахсияти хонанда мебошад. Дар сурати ошкор намудани чунин душворию мушкилот вазифаи асосии психолог тањия ва омода намудани тавсияњо барои њалли масъала ва бартараф намудани камбудињо дар њамкорї бо омўзгорону волидайни онњо барои ташаккули хусусиятњои мусбии шахсияти хонанда ба њисоб меравад. Яке аз масъалањои муњиме, ки ба дўши психологи мактабї вогузор карда мешавад, ташхиси омодагии кўдак ба тањ­ сили мактабї мебошад. Му­ њаќ­ќиќони чех чунин хулоса намудаанд, ки ќариб 16%-и кўдакони 6-сола, ки ба мактаб меоянд, аз назари психологї ба мактаб омода нестанд.

Мушоњидањо нишон медињанд, ки кўдаконе, ки барои ба мактаб омадан омода нестанд, аз рўзњои аввали мактабї ба душворињо дучор меоянд. Ин душворињо пеш аз њама ба мутобиќ нашудани онњо бо рељаи мактабї, дар муносибат бо њамсолону атрофиён пайваста дар њолати ногувору асабї ќарор доштан ва зуд - зуд ба беморї дучор шудан зоњир мегардад. Одатан барои ташхиси омодагии кўдак ба мактаб дар Русия ва як ќатор мамлакатњои Аврупои Шарќї аз тести Керн-Йирасек ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин барои муайян намудани омодагии кўдак ба мактаб ва ташаккули фаъолияти ихтиёрии ў (пеш аз њама дуруст шунидан ва ќабул намудани ахбор, иљрои дурусти супориши калонсолон, амали намудан аз рўи наќшаи муайяншуда ва ё дуруст истифода намудан аз намунаи пешнињодшуда) ба таври васеъ аз методикаи «Диктанти графикї», ки аз тарафи психологи рус Д.Б.Элконин кор карда шудааст, ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Тањќиќњои психологї муайян намуданд, ки дар њар як давраи синнусолї имкониятњои психикї мављуданд ва онњоро бояд дар љараёни таълиму тарбия ба назар гирифт. Масалан, муайян шудааст, ки дар давраи синни хурди мактабї барои инкишоф ёфтани чунин хусусиятњои навташкил, аз ќабили маќсаднокии равандњои психикї, наќшаи ботинии амал, рефлексия, талабот ба фаъолияти фикрї ва маърифатї, азхудкунии мала-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

каю мањоратњои таълимї ва ѓайра давраи мусоид, яъне сензитивї оѓоз мегардад. Дар ин давра вазифаи психологи мактабї аз ин иборат мешавад, ки сари ваќт ва фаъолона барои инкишофи имкониятњои хонанда шароити мусоид фароњам намояд. Ин тавассути ташкили алоќа бо муаллиму волидайн ва худи хонанда амалї карда мешавад. Пажўњиши психологњо нишон медињад, ки ибтидои ташаккули њиссї - маърифатии кўдак ба синни хурди мактабї рост меояд. Инро ба он вобас­ та медонанд, ки кўдак мазмуни фанњои гуногуни таълимиро азхуд карда, тасаввуроти худро бо маълумоти нав васеъ менамояд. Психолог И.В. Дубровина ќайд мекунад, ки фаъолияти маърифатии кўдак дар заминаи ташаккули шавќу њавасњои маърифатї инкишоф меёбад. Кўдаконе, ки бештар кунљкобї намуда, хоњиши чуќур фањмидани њодисаву воќеањои муњити иљтимоиро доранд, дар худ имконияти масъалагузорї ва роњњои њалли онро ба осонї ташаккул медињанд. Агар чунин хонандагон аз тарафи омўзгорон ва волидайни онњо бо тавсияи психологи мактабї дастгирї карда шаванд, имконияти хеле зиёд пайдо намуда, фаъолнокию ташаббускории зиёд нишон медињанд ва дар њалли масъалањои пешомада ба душворию монеањо кам дучор мешаванд, зеро онњо худ имконияти пешрафти њалли душворињои аввалиндараљаро доранд. Ин далелњо бори дигар мо­ро ба хулосае меоранд, ки хадамоти психологї дар мак21


ИСЛОЊОТИ МАОРИФ - ТАЌОЗОИ ЗАМОН

таб муњим ва зарур буда, он шакл ва мазмуни хоси фаъолияти худро дорад. Дар баробари ин бояд ќайд кард, ки барои ташкили дурусти хадамоти психологї донистани даврањо ва шароитњои муњими психологї барои њар як омўзгор, волидайн ва роњбари муассисаи таълимиву тарбиявї муњим буда, чунин давра ва шароити синнусолии мактабиро бояд мавриди эътибори љиддї ќарор дод: – дар раванди таълиму тарбия имкониятњои мусоиди њар як давраи синнусолї (масалан, давраи синзитивї, минтаќаи наздиктарини инкишофи хонанда ва ѓайра) ба инобат гирифта шавад; – дараљаи инкишоф, хусу­ сиятњои фардии хонандагон шавќу њавас, майлу хоњишњо, ќобилиятњо, худшиносї (аз љумла, худшиносии љинсї), худбањодињї, равияи шахс, наќшањои њаётї ва арзишњои њаётии онњоро бояд дар мадди аввал гузошт; – барои инкишофи мўъ­ тадили психикї ба хонанда бояд шароити мусоид фароњам овард. Шояд саволе ба миён ояд, ки ташкили шароити мусоид чї зарурат дорад? Пеш аз њама ташхиси дурусти шахсияти хонанда барои ташкил ва гузаронидани корњои ислоњкунию пешгирии камбудињо ва ноќисињо дар инкишофи шахсият ва психикаи хонанда зарур аст. То ба имрўз дар байни олимони соњаи педагогика ва психология бањсе вуљуд дорад, ки њамаи кўдакон барои тањсил намудан дар мактаб ќодиранд 22

ва омўзгорон метавонанд дар замири онњо ќобилиятњоро якхела ташаккул дињанд. Вале таљриба нишон медињад, ки њанўз аз синфи ибтидої хонандагон ба гурўњњо ба хонандагоне, ки ќобилияти нисбатан пешрафта, миёна ва ќобилияти суст инкишофёфта доранд, таќсим мешаванд. Чунин ба гурўњњо људокунии хонандагон дар синни хурди мактабї аз назари психологї дуруст нест, зеро он ба ташаккули шахсияти хонанда таъсири манфї мерасонад. Зарур аст, ки кўдак баробари ба мактаб ворид шудан бояд худро бо њамсолону њамсабаќон баробар њисоб кунад. Таљрибањо нишон медињанд, ки хадамоти психологї дар синни хурди мактабї бештар ба омўзиш ва тањќиќи масъалањои самтњои гуногуни фаъолияти онњо равона мегардад, ки муњимтарин масъалањои он инњоянд: – омодагии кўдак ба мактаб; – душвориву монеањо дар ташаккули шахсияти кўдак дар давраи бўњрони синни 7солагї (агар кўдак аз синни 6-солагї ба мактаб љалб карда шуда бошад, љустуљўи роњњои ташаккули маромњои мусбии таълимї); – њалли душворињое, ки кўдак дар давраи мутобиќшавї ба рељаи мактабї дучор мешавад; – бањисоб гирифтани муносибати байнињамдигарии хонандагони синни хурди мактабї; дар њолати вуљуд доштани мушкилињо љустуљў ва пайдо намудани роњњои мусбии њалли он.

Тањлилњо нишон медињанд, ки хадамоти психологї яке аз соњањои амалии илми психология ба шумор рафта, барои ба даст овардани далелњои эътимоднок ва илмї муњим аст ва дар амалияи таълиму тарбияи хонандагону дониш­ омўзон наќши муњим мебозад. Муњаќќиќони рус Л.И. Божович, В.В. Давидов, Т.В. Драгунова, Н.С. Лейтес, И.В. Дубровина моњияти хадамоти психологиро дар мактаб муайян намуда, ќайд кардаанд, ки њангоми ташкили хадамоти психологї бояд принсипњои муайяни илмиро ба инобат гирем ва вобаста ба он муносибати инфиродї бо хонандагонро ба роњ монем; – психологи мактаб бояд имкониятњои равонии њар як давраи синнусолиро ба эътибор гирад ва дар заминаи онњо инкишофи равонии хонандагонро ба роњ монад; – хадамоти психологї дар мактаб бояд дар асоси низомномаи муайяне, ки барои психологњои соњаи маориф муќаррар шудааст, ба роњ монда шавад; – психологи мактаб бояд барномаи инфиродии ташаккули шахсияти њар як хонанда, татбиќи амалии онро дар оила (волидайн) ва мактаб (омўзгорон) зери назорат гирад; – барои ба таври самаранок ба роњ мондани хадамоти психологї дар мактаб он бояд низоми корњои амалии психологиро фаро гирад ва унсурњои асосиаш ташхис, пешгирї, машварат ва ислоњнамоии психологї ба њисоб мераванд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Љумъа ШАРИФОВ, профессор

БАЪЗЕ МУЛОЊИЗАЊО ДОИР БА ТАЊЛИЛИ МАФЊУМИ МАСЪАЛА Масъалањо аз талабот ва эњтиёљоти одамон ба вуљуд омадаанд. Њар давру замон масъалањои њалталаби худро ба миён гузоштаю мавриди њал ќарор медињад.Воќеан њам, гузориш ва њалли масъалањо ба одамон шодию фарањ мебахшад. Агар масъалагузорињои Њиппократу Ибни Синоњо намебуд, одамон бе дорую дармон бо азобу кулфатњои зиёд њайвонсифат аз олам мегузаштанд. Кашфи як худи пинисилин умри одамиро 10 сол дароз кард. Аз тарафи олимони рус кашф гардидани ќувваи барќ инсониятро абадан аз торикию зулмот рањо кард. Дар мавриди њалли ин кашфиёт садњо масъалањои хусусї ба миён омадаву њал гардиданд. Масъалаи сохтани НОБ-и Роѓун масъалаи њалталаби имрўзи халќи тољик аст. То анљоми ин сохтмони азим зарурияти њаллу фасли боз чандин масъалањои дигар ба миён меояд… Хуллас, масъала аз амалиёти бошууронаи кофта ёфтани воситаи мувофиќ барои муваффаќ гаштан ба зарурияти маќсадноки дар айни замон дастнорас иборат мебошад. Њалли масъала – ёфтани њамин восита мебошад. Пас ташаккули мањорат ва малакаи масъа­ лањалкунї маќсаду маром ва воситаи муњими таълими насли љавон ба њисоб меравад. Аз ин рў, барои самаранок ташкил намудани љараёни таълим пеш аз њама ба мафњуми масъала ва њалли он бояд сарфањм рафт. Масъала, аз як тараф, мафњуми мантиќї, аз тарафи дигар, мафњуми психологї мебошад. Пас зарур аст, ки онро њам аз нуќтаи назари мантиќ ва њам психология муояна на«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

моем. Дар мантиќ мафњуми «масъа­ ла» чандон муфассал муоина нагардидааст. Баъзе тањќиќњое мављуданд, ки дар онњо мафњуми ба масъала наздик – савол дида баромада шудааст. Вале савол ин њанўз масъала нест. Масъалаи дилхоњ савол шуда метавонад, аммо савол на њама ваќт масъала шуда метавонад. Сараввал пайдоиши саволу масъалањоро дар забон дида мебароем. Њар гуна савол аз назари мантиќ ва семантика (маънои ибора) ба тарзи зайл ба миён меояд: ба мо ягон гуфтори дуруст ва ё ѓалат дода мешавад. Нисбат ба он мо ягон љумлаеро мефањмем, ки дуруст ё ѓалат будани њаќиќати гуфторро муайян карда тавонем. Аз гуфтори дуруст ва ё ѓалат бо ду роњ савол њосил кардан мумкин аст: Гуфторро таѓйир надода, маънои саволї додан (ба тарзи гузоштани аломати савол дар нутќи хаттї ва ё бо талаффузи саволї дар нутќи шифоњї): «Секунљаи АВС баробарта­ раф аст» - гуфтор; «Секунљаи АВС баробар­ тараф аст?» - савол аст. Ба гуфтори додашуда њамроњ намудани њиссачањои саволї ё љонишинњои саволї. Масалан: «Секунљаи АВС баробартараф аст»гуфтор. Аз ин гуфтор саволњои зеринро пайдо кардан мумкин аст: «Барои чї секунљаи АВС баробартараф аст?» ё «Дар кадом њолат секунљаи АВС баробартараф мешавад?» ва њоказо. Мисолњои боло собит месозанд, ки дилхоњ савол њам аз гуфтори дуруст ва њам аз гуфтори ѓалат њосил шуда метавонад. 23


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

Агар саволро ба тарзи якум њосил кунем, он гоњ љавоби он ё мусбат ва ё манфї мешавад. Агар савол бо тарзи дуюм њосил шавад, пас љавоби он маънои дигарро мегирад. Мисол: «Росткунља чоркунљаи барљаста аст» гуфтор. Бо тарзи якум саволи зеринро њосил мекунем: «Росткунља чоркунљаи барљаста аст?» - љавоби ин савол ё «ња» ё «не» мешавад. Бо тарзи дуюм саволи зеринро њосил кардан мумкин аст: «Барои чї росткунља чоркунљаи барљаста аст?». Дар ин њолат љавоби савол на «ња» мешавад ва на «не». Яъне љавоби дигар лозим аст. Гуфторе, ки аз он савол њосил мешавад, метавонад содда ва ё мураккаб бошад. Тањти гуфтори содда гуфторе фањмида мешавад, ки онро ба дигар гуфторњо људо кардан мумкин набошад. Гуфтори мураккаб гуфта гуфтореро меноманд, ки вай аз якчанд гуфторњои содда пайдо шуда бошад. Масалан: «Пирами­ даи SАВС пирамидаи секунља аст» - гуфтори содда. «Пирамидаи SАВС пирамидаи секунља ва моил аст» - гуфтори мураккаб аст. Аз ин љо бармеояд, ки саволњо содда ва мураккаб (таркибї) шуда метавонанд. Масалан: «Пи­ рамидаи SАВС – пирамидаи секунља аст?» саволи содда буда, «Ин пирамида секунља ва моил аст?» - саволи таркибї мебошад. Аксар мавридњо дар ваќти аз гуфтори мураккаб ба савол гузаштан як ќисми гуфторњои таркибие, ки гуфторњои дурустанд, маънои худро таѓйир намедињанд. Аммо ќисмњои дигари ин гуфтор љанбаи саволї пайдо менамоянд. Њамин тариќ, пайвастагии гуфтору савол ба миён меояд. Ин пайвастагї бо роњи ба ягон гуфтор њамроњ намудани аломати савол низ ба амал меояд. Чунин пайвастагии гуфторњо бо савол масъала номида мешавад. Худи гуфторњоро шартњои масъалањо меноманд. Њамин тавр, масъала аз савол ба он фарќ мекунад, ки дар он ѓайр аз савол боз шартњо мављуданд ва онњо аз як ва ё якчанд гуфторњои дуруст таркиб меёбанд. Дар назар бояд дошт, ки дар мавриди фарќи байни савол ва масъаларо муайян кардан баъзан душворї ба миён меояд. Масалан: «Њаљми 24

тетраэдри мунтазами теѓааш а ба чї баро­ бар аст?». Инро њам савол ва њам масъала номидан мумкин аст. Вале тањлили ин савол нишон медињад, ки дар таркиби он боз шартњои дигар низ мављуданд. Пас чунин саволи мураккабро масъала номидан бењтар аст. Њамин тариќ, савол гуфта чунин гуфтореро меноманд, ки барои љавоб дар худи он ошкоро ягон шарт дода нашуда бошад. Агар дар гуфтори додашуда барои љавоби худи савол ягон маълумот (шарњ) вуљуд дошта бошад, он гоњ ин гуна саволро масъала номидан бењтар аст. Ба мафњуми масъала бо роњи дигар низ наздик шудан мумкин аст. Бигузор субъект барои ноил шудан ба максаде кўшиш намояд, аммо барои ба маќсад ноил гаштан ба монеае дучор мегардад. Ин љо зарурати аз монеа гузаштан ба миён меояд. Инро вазъияти проблемавї мегўянд. Њар гуна вазъияти проблемавї њалли худро мехоњад. Њал намудан маънои ёфтани роњи бартараф кардани монеаро дорад. Аксар мавридњо субъект (шахс) њалли вазъияти проблемавиро бо роњи сохтани моделњои рамзї (аломатї)-и вазъияти проблемавї ба амал мебарорад. Яъне, марњилаи аввали њалли вазъияти проблемавї сохтани модели рамзии њамон вазъият аст. Дар љараёни сохтани модел муносибатњо ва алоќамандие дар байни элементњои вазъият ва монеа муайян карда мешавад. Аз ин љо таъриф ба миён меояд: Модели аломатї (рамзї)-и вазъияти проблемавї масъала номида мешавад. Мавриди ќайд аст, ки барои њалли вазъияти проблемавї як масъала не, балки якчанд масъала сохтан мумкин аст. Вале онњо аз вазъияти проблемавї ё бо забон ё бо тарафњои дигари ин вазъият, ки дар масъала инъикос ёфтаанд, метавонанд фарќ кунанд. Агар масъала ба забоне, ки ба тарзи њалли он мувофиќ нест, ифода шуда бошад (яъне дар забони ў барои њал воситањо мављуд набошанд), он гоњ ин гуна масъаларо масъалаи шарњдињї меноманд. Агар масъалаи шарњдињї ба забони геометрї ифода карда «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

шавад, он гоњ вай ба масъалаи њаќиќї (аслї) табдил меёбад. Агар методи њалли масъала ба шахси масъалањалкунанда маълум бошад, он гоњ ин гуна масъаларо машќ меноманд. Масъала метавонад ба забони дилхоњ ифода карда шавад: математикї, физикї, химиявї ва ѓайра. Забонеро, ки бо он масъала ифода шудааст, забони масъала меноманд. Њамин тариќ, масъалањо аз маљмўи соњањо иборатанд. Яъне, њар як соњаи илму фан масъалањои худро доранд. Забону адабиёт масъалањои њалталаби худро дошта, химияю биология ба њаллу фасли масъалањои мутааллиќи худ сару кор дорад. Њама гуна масъалањо аз чор элементи мантиќан бо њам алоќаманд таркиб меёбанд: шарти масъала (Ш), асосноккунии масъала (А), њалли масъала (Њ), натиља (матлаб)-и масъала (Н). Дар масъала агар гузариш аз Ш ба Н бо ёрии элементњои А ва Њ –е ба амал бароварда шавад, ки љанбаи математикї дошта бошанд, он масъалаи математикї номгузорї карда мешавад. Агар дар масъала њамаи чор элементњои он (Ш, А, Њ, Н) мазмуни математикї дошта бошанд, чунин масъаларо масъалаи тозаи математикї меноманд. Агар дар масъала фаќат элементњои А ва Њ љанбаи математикї дошта бошанд, ин гуна масъаларо масъалаи математикаи амалї меноманд. Агар дар масъала фаќат як элементи он номаълум бошад, чунин масъаларо масъалаи таълимї (ќолабї) меноманд. Масъала масъалаи ќисман – љустуљўї номида мешавад, агар дар он ду элементи асосї номаълум бошад. Агар дар масъала се элементњои асосї номаълум бошанд, чунин масъала масъалаи проблемавї номида мешавад. Масъалањои математикї вобаста ба шак­ лу мазмуни додашавиашон тасниф карда мешаванд. Таснифи дурусти масъала имкон медињад, ки методи њалли он ба осонї ошкор

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

карда шавад. Масъалањои математикї аслан ба ду намуд тасниф карда мешаванд: масъалањо оид ба ёфтан, масъалањо оид ба исбот. Масъала оид ба ёфтан (сохтан, табдил додан, њосил кардан, ба айният табдил додан) – ин муайян кардани номаълуми масъалаи додашуда мебошад. Масъалањо оид ба исбот гуфта масъа­ла­ њоеро меноманд, ки дурустї ва ё нодурустии онњоро исбот кардан лозим аст. Ваќте ки Шумо мепурсед: «Ў чї гуфт?», ин љо сухан дар бораи масъала оид ба ёфтан меравад. Вале дар мавриди гузориши саволи «Ў инро гуфта бошад?», сухан дар бораи масъала оид ба исбот меравад. Њангоме ки сухан дар бораи масъала доир ба исбот меравад, мо бояд шубњаамонро ба воситаи исбот тасдиќ ва ё рад намоем. Барои њалли ин ва ё он масъала одатан усули ба њамон масъала хос (ќулайтар)-ро истифода мебаранд. Инро њангоми њалли системаи зайл муоина менамоем.

Номаълумњои системаро бо тарзњои гуногун муайян кардан мумкин аст: бо роњи гузориш, методи коэффисиентњо, методи муќоиса, бо ёрии муайянкунандањо ва ѓайра. Усулњои номбурда табдилдињињои гуногунро талаб мекунанд ва аз ин рў, усули хоси њалли система нестанд. Усули хоси њалли система аъзоњои муво­ фиќро љамъ ва тарњ кардан аст:

Дар муодилаи якум њама аъзоњоро ба 2 (А + В) ва дар муодилаи дуюм ба 2 (А - В) таќсим карда њосил менамоем:

25


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

М.АЛИЕВ, З.РИЗВОНОВА, устодони кафедраи психологияии факултети фалсафаи ДМТ

МУВОФИЌАТИ ПСИХОЛОГЇ ОМИЛИ АСОСИИ УСТУВОРИИ ОИЛА аз нигоњи Имом Ѓазолї Фаъолияти оилавї фарогири тамоми љабњањои њаёти инсонї, аз љумла, иќтисодию иљтимої ва фарњангию сиёсї буда, нињоят мураккаб ва аз љумлаи мушкилтарин фаъ­ олиятњои инсонї мебошад. Ба ин маънї ба ќавли Ѓазолї, бархурдорї аз фазилат, мо­ њият, њуќуќњои худу дигар аъзои оила, одобу ахлоќи интихоби њамсар ва њамсардорї, ба истилоњ, илми никоњ, барои њар як фарди љомеа, ки издивољ кардааст ё издивољ мекунад, аз заруртарин ва муњимтарин амалњост, зеро ба олам овардани фарзанди солим ё носолим, солењ ё ѓайрисолењ мањз аз њамин давра сахт вобаста мебошад. Барои он ки њаёти оилавї хушу гуворо, ширину дилпазир ва гарму љўшон сурат гирад, аз нигоњи психологию маишї бо њам мувофиќу мутобиќ будани зану шавњар ва ањли оила шарт ва зарур мебошад. Мањз мувофиќату мутобиќати психологию маи­ шї кафолати бо њам за­бон ёфта тавонистан, мува­фаќ­ ќонаю муташаккилона њал карда тавонистани муш­ки­ лињои маишию моддї, пеш 26

гирифтани роњу усулњои ягона дар тарбияи фарзанд ва њамдигарро тањаммул карда тавонистани њамсарон мебошад. Зану мард якљоя як «пайкар»-ро ташкил медињанд ва осоишдињандагони рўњу равони њамдигаранд. Ба андешаи Ѓазолї, оромию осоиш бахшидани тарафайн омили дигари устувории оила ба шумор рафта, он ќадар муњим аст, ки офаридгори олам онро дар Ќуръони Карим, оёти 189-и сураи Аъроф чунин муаррифї намудааст, ќавлуњу Таъоло: «Таъоло ќодир аст, ки шумо мардонро аз як љинс офа­ рид ва занонро низ аз њамон љинс халќ кард, ки мард бо зан ором гирад ва мўнис гардад» (Ќуръон; 7/189). Хусусиятњои ба ањли оила хос, характери муносибатњо, роњу усул ва оњанги њам­сар­ дорї дар њамљоягї муњити психологии оиларо ташкил медињанд. Муњити солими психологии оила бошад, сарчашмаи асосии хушбахтї ё бадбахтї, эњсоси саодатмандї ё номукаммалии њамсардории зану шавњар мебошад. Му­ њити оилавї аз љузъиётњои бе­шумор таркиб ёфта бошад

њам, ахлоќи солим њамчун љузъи бо љомеа пайвандкунандаи ањли оила асоси онро ташкил медињад. Солимии муњити ахлоќии оила аз самимонаву садоќатмандона шакл гирифтани муносибату муоширати байнињамдигарии ањли оила вобаста мебошад. Воќеан, шуури ахлоќии ањли оила њамон ваќт якмаром ташаккул меёбад, ки агар њар як аъзои оила бо назардошти манфиату манзалати худ риояи ќонуну ќоидањои махсусро талаб накарда, вобаста ба ќонуну ќоидањои умумиахлоќии маъмулї аз рўи виљдон зисту зиндагонї кунанд. Аз нигоњи Ѓазолї, мувофиќат дар хайрхоњиву шафќат, ѓамхорию дастгирї, хидматгузорию парасторї ва эътирофи њаќќу њуќуќњои њамдигар омили навбатии устувории оила мањсуб меёбад. Љидду љањди волидайн дар дилнавозї ва парастории фарзандон ва дар таълиму тарбия, таъмини иљтимоию иќтисодї ва ба хотири эшон дар касби њалол ранљ бурдан аз љумлаи волотарин хислату хусусият ва писандидатарин ибодат буда, њаммазмуни

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

ањодиси Паёмбар (с): «Якрўза (зањмати) волии одил фозил­ тар аз ибодати њафтодсола (аст)», мебошад (Эњё. Љилди 2, сањ.65). Муњити оилавї инъикоскунандаи фазои психологии он буда, фарогири њаёти рўњию равонии падару модар ва фарзандон, майлу раѓбат, њиссиётњо ва шавќу њавасњои онњо мебошад. Дар ин гуна маврид, ба андешаи равоншиносон, сухан дар бораи ягонагии рўњии ањли оила, мавриде, ки дар он њар як аъзои оила њамдигарро дуруст дарк мекунад ва кўшиш менамояд то ба дигарон кўмак расонад, меравад. Ягонагии рўњї ањли оиларо бо њам муттањид намуда, ба коллектив табдил медињад ва имконият фароњам меорад, ки услуб ва оњанги ягонаю умумии оиладорї ташаккул ёбад. Ягонагии рўњию равонї, ки моњиятан батанзимдаро­ рандаи услуб ва ойини њам­ сардорї мебошанд, дар за­м инаи мувофиќати пси­ хо­логии муносибатњои бай­ ни­њ амдигарии њамсарон, фар­зандону волидайн, фар­ зан­дону фарзандон ва дигар аъзои оила ташаккул меёбад. Ѓазолї мўнису ѓамхор ва њамдаму мададгори њамдигар будани ањли оиларо пайваста гўшрас намуда, таъкид менамояд, ки волидайн барои бохабарї аз њолу ањволи фарзандон ва дар фалокату њаводис кўмакрасону дастгири онњо будан масъулу муваззафанд. «Бидонед, ки шумо њама роъиёнед (нигоњбонон) ва шуморо аз раъият (нигоњу­бин­

шавандагон) бипурсанд» (Эњё. Љилди 2, сањ.65). Мувофиќати психологї – ин ќаробат, рафоќат, улфат гирифтан, монандию ша­боњат доштан, њамчунин њам­дигарро пурра кардани одатњо, аќидаю андешањо ва хислатњое мебошад, ки аз њам фарќ мекунанд. Ояндаю таќдири никоњ ё издивољи њамсарон аз мувофиќати рўњию равонї, эмотсионалї, ахлоќї, физиологї, иќти­ содию иљтимоии онњо вобас­ та мебошад. Њар ќадаре, ки андозаи ин мувофиќатњо зиёд бошад, њамон ќадар зану шавњар бо њам наздиканд ва муњити психологї барои он­њо солиму созгор аст ва њар ќадаре, ки андозаи ин мувофиќат кам бошад, њамон ќадар муњити психологї ва зисту зиндагонї барои онњо тоќатнофарсост. Ба андешаи Ѓазолї, си­фат­ њое, ки мувофиќату муто­би­ ќати зану шавњар аз онњо иборатанд ва устуворию са­ о­датмандии хонавода аз он­ њо бештар вобаста мебошад, ќисматњои зеринро дар бар мегиранд: дин, синну сол, хўи хуш, хубрўї, бозуриётї, дўшизагї, мавќеи иќтисодї ва он ки хешованди наздик набошад. Диндорї – имондорї – бо­ виљдонї аз љумлаи муњим­ тарин ва заруртарин сифатњое мебошанд, ки бояд зимни интихоби њамсар мавриди иноят ќарор гирад. Зеро фасодии имон ва бетаќвоии яке аз њамсарон, менигорад Ѓазолї, на танњо њамсари дигарро беобрўю шарман-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

да, балки фарзандонро низ мулзаму музтар мегардонад. Њамсари ботаќво зиндагиро бобаракат мекунад. Ба ќавли Паёмбар (с): «Њар кї занеро барои мол ва љамол ба занї ку­ над, аз молу љамоли ў мањрум шавад, њар кї барои дин ба занї кунад, Худои Таъоло мол ва љамолро рўзии вай гардонад» (Эњё. Љилди 2, сањ.79). Мувофиќати синнусолї ва хубрўию хушхулќиро танњо тавассути муоширату муоинат маърифат кардан мумкин аст. Дини ислом низ ба чунин амал мухолиф нест, балки таъкиду супориш њам мекунад, ки издивољкунандагон пеш аз издивољ њамдигарро наззора намоянд, сўњбат ороянд ва дар сурати бо њам ќарор гирифтани дилњо иљозати аќди никоњ дињанд. Ба фармудаи Расули Худо (с): «Њар никоње, ки бе назора бувад, оќибати он ѓаму андеша бошад» (Эњё. Љилди 2, сањ.84). Худи мафњуми «муво­фи­ ќат» мањсули илми биология ва тиб мебошад. Барои он ки бофтањои ба организми дигар часпондашаванда бо њам часпанд (мувофиќ оянд), зарур аст, ки ин организмњо бо њамдигар ќаробати авлодї (хунї) дошта бошанд. Барои мувофиќати психологї бошад, на робита, балки монандии рўњию равонї муњим мебошад. Ин љо кифоя аст, ки одамон аќаллан аз рўи ягон чизи арзишнок ва муњим њамдигарро пурра намоянд ё ба њамдигар наздику монанд бошанд. Чунин улфатгирї барои барпо намудани њаёти солими 27


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

оилавї хеле муњим мебошад, зеро њар киро дўст доштан ва бо њар кас оила барпо намудан мумкин аст, вале онро пойдор нигоњ доштан ва дар нимароњ аз њам пош нахўрдан на њама ваќт ва на ба њар кас муяссар мегардад. Ин чиз танњо тавассути мувофиќати психологї имконпазир мегардад. Фардњои олами ботинию рўњиашон бо њам наздик ва ё хусусиятњои мизољашон бо њам муќобил (холерик-флег­ матик, меланхолик-санг­ви­ ник) аз њама бештар бо њам мувофиќ меоянд. Нуктаи дигаре, ки Ѓазолї дар интихоби њамсар ба инобат гирифтани онро шарти зарурї медонад, асолат ва шарофати хонаводагї аст, зеро он ба фарзандон сироят мекунад. Ин љо сухан дар бораи наќши омили биологї дар тавлид ва рушду нумўъ ёфтани фарзанд меравад. Дар аксар маврид њамсареро, ки аслаш пок нест, наслаш низ пок намешавад. Ба ин маънї Паёмбар (с) фармудааст: «Ба­ рои нутфањои худ рањими пок баргузинед, раг (нажод, табор) кашанда аст» (Эњё. Љилди 2, сањ.86). Ишќу муњаббат ќувваи љазб­кунандаи фавќултабиие мебошад, ки як лањза меояду боз меравад. Мувофиќат бошад, бештар самараи худнисоркунињо, тавлидкардаи ирода ва њиссиёт, шуур ва рафтори мо мебошад. Одатан ќариб њар рўз зарур аст, ки онро бетанаффус аз нав эљод кунем, офарем ё барпо намоем, зеро одамон њар лањза дигаргун мешаванд, ба 28

камол мерасанд, фарзанддор ё солхўрда мешаванд, зисту зиндагї, одат, хулќу атвор, фикру андеша, майлу раѓбат ва шавќу њавасњояшон дигар мешавад ва бояд рўњу равон ва рафтори худро ба њамаи ин дигаргунињо мутобиќу баробар намуд. Воќеан набояд пиндошт, ки муносибатњои хубу самараноки марду зан танњо њангоми му­в офиќати њамаљонибаи пси­хологии онњо имконпа­ зир мегардад. Ба ќавли Ѓа­ золї, одамон одатан дар асоси эњтиром намудани хусу­сиятњои хосу арзишноки њам­дигар сабурона камбудию норасоињои њамдигарро нодида мегиранду тањаммул менамоянд ва бо њам зиндагонї мекунанд ва худи њамин та­ њам­мулпазирии ѓайриоддї заминаи асосии мувофиќати психологии онњоро ташкил медињад. Умуман мувофиќату му­то­ биќати њамаљонибаи пси­хо­ логї хеле кам дучор меша­вад. Бештар мувофиќати но­пур­ раю мањдуд, балки гуно­гун­ пањлўро дучор ва њангоми рушду инкишоф додани он ба муносибатњои хубу мўътадил ноил шудан мумкин аст. Тањќиќњо нишон медињанд, ки њолати њамдигарро инкор кардани зану шавњар, одатан њангоми издивољи «холерик бо холерик», «сангвиник бо сангвиник» ва «флегматик бо сангвиник» бештар ба чашм мерасад. Инкоркунии байнињамдигарии «флегматик бо флегматик» боре њам ба чашм вонахўрдааст. Дар ошкор сохтани љуфтњои бо

њам дўст ягон љуфти «холерикхолерик», «сангвиник-санг­ виник» мушоњида намешавад, вале дар љуфтњои њамдигарро инкоркунанда ин њодисањо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Меланхоликњо нисбат ба намояндагони типњои дигари мизољ доираи аз њама беш­тари боњаммувофиќоиро ишѓол менамоянд. Онњо диќќатљалбкунандагии тарафайнро бо сангвиник ва флегматикњо устувор нигоњ медоранд. Холерикњо бо сабаби «худдорї карда натавонистанашон» бо меланхоликњо мувофиќ омада наметавонанд. Мувофиќату мутобиќати психологї њамон ваќт барпо мешавад, ки агар пояи онро мењру муњаббати тарафайну мусовї ташкил дињад. Дилдодагон гўё бо доду гирифти байнињамдигарии њиссачањои хислату хусусиятњои «ман»-и худ хислату хусусиятњои рў­ њию равонии њамдигарро азхуд менамоянд. Азхудкунии хислату хусусиятњои рўњию равонии њамдигар пурракунадаи мувофиќати психологии тарафайн буда, мисли оташест, ки ќалби дилдодагонро гарм ва мисоли оњанрабоест, ки онњоро ба њамдигар љазб мекунад. Бо њам омехташавии ху­ сусиятњои якхелаю фарќ­ку­ нанда асоси муносибатњои ѓайриоддии зану шавњарро ташкил медињад. Аз як љониб њар як аъзои оила ботинан мехоњад, ки барои дар атрофи худ барпо намудани фазои солими психологї шумораи њарчи бештари хислату хусусиятњои психологии ху-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


БИОМЎЗЕМ, ТО БИОМЎЗОНЕМ

дро бо атрофиён мувофиќ намояд. Аз љониби дигар инсон њар ќадаре, ки рушду камол ёбад, њамон ќадар одатњо, нуќ­т аи назар, љањонбинї ва хусусияту хислатњои ба худ хосро доро мешавад. Худи њамин гувоњи он аст, ки одамон њамаљониба бо њамдигар монанд ва мувофиќ шуда наметавонанд. Яъне, на зан ва на мард ќобилияту имкониятњои њаддалимкон ва бе каму кост ќонеъ намудани њамаи талаботи њамдигарро надоранд. Миёни мувофиќату номувофиќатї, яъне дар ќутбњои ин фарќиятњо омехташавии хислату хусусиятњои ба амал омадаи одамон, монандию фарќияти онњоро ифода мекунад. Мувофиќат – ин майли ќабул кардани он чизест, ки писанди инсонњост ё «њам­ зистии осоишта» бо он чизест, ки барои шахс он ќадар писанд набошад њам, нафратомез нест. Номувофиќї – номуросоию улфатнопазирї бо он чизест, ки барои шахс дилхарош, тоќатнопазир ва дилнокаш мебошад. Дар баъзе оилањо байни зану шавњар дар алоќамандї бо хусусияту хислатњои му­ вофиќу номувофиќашон зиддияти шадид сурат гирифта, боиси ба амал омадани њисси таваљљўњ ё њисси нафрат мегарданд. Дар гурўњи дигари оилањо – гурўње, ки босаб­ ру тањаммуланд, хислату ху­ су­сиятњои мувофиќ нисбат ба хислату хусусиятњои но­ мувофиќ бартарї пайдо карда, боиси барпо гардидани

муносибатњои мусбату солим мегарданд. Ин муносибатњо њамон ваќт самараи хуб медињанд, ки агар ањли оила дар фаъолияти худ аз рўи ќонуни дучандаи оптикї амал намоянд: – на ба хусусиятњои мусбати љониби дигар одат намоянду на то ба он дараљае бе­тафовут бошанд, ки ин ху­ сусиятњо барояшон дилгиркунанда гардад; – кўшиш намоянд то дар бањогузории камбудињои љо­ ниби дигар ботањаммул бошанду дар зоњир кардани кам­будињои хеш худдорї намоянд ва тарзе зиндагї намоянд, ки ин камбудињо њарчи камтар зоњир шаванд. Ба ќавли Имом Ѓазолї, сабру тањаммул њангоми аз­ сар­г у­з аронињои норасоию бар­тариятњои њамдигар яке аз омилњои навбатии устувории оила ба њисоб меравад. Ба фармудаи Расули Худо (с): «Њар марде, ки дар бадхўйии зани худ сабр кунад, Њаќ Та­ ъоло вайро музде дињад, мис­ ли музде, ки Аюб (а)-ро дод дар бало ва њар зане, ки бар бадхўйии шавњари худ сабр кунад, Њаќ Таъоло вайро са­ вобе мисли савоби Осия зани Фиръавн дињад» (Эњё. Љилди 2, сањ.90). Дар урфият «меваи саб­ру тањаммул ширин аст», ме­ гўянд. Сабру тањаммул сарфи ќувваи иродавию рўњии зиёдро талаб намояд њам, са­м араи хуб ба бор меорад. Агар ин пояи кўшишу тањам­мулнамоињо нопойдор бошад, он гоњ одамон танњо

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

хислату хусусиятњои манфии њамдигарро мушоњида намуда, аз њамдигар рўйгардону дур мешаванд. Мањз дар асоси њамин гуна норасоињо одамон вориди њолати низоъ мегарданд. Бинобар ин ба зану шавњар ва ањли оила зарур аст, ки нисбат ба њар як љузъиёти хусусияту хислатњои њаловатбахш, ба истилоњ, «хусусияту хислати ба худ хоси њамдигар» бетафовутї зоњир накарда, онро барои фароњам овардани муњити солиму фарањбахши оилавї самаранок истифода баранд. Аз андешаронињои психологии Имом Ѓазолї ба хулосае омадан мумкин аст, ки пойдорию устувории оила аз намудњои зерини мувофиќати психологии онњо вобаста мебошад: – мувофиќати психофизиологие, ки дар асоси му­ вофиќоии хусусиятњои табиї ва талаботи якхелаи њамсарњо ба миён меояд; – мувофиќати психологие, ки аз мувофиќати характер, интеллект, маром ва рафтори зану шавњар вобаста аст; – мувофиќати иљтимої – психологие, ки дар заминаи он мувофиќати наќшњои иљ­ тимої, шавќу њавас ва мавќеи арзишноки ањли оила бунёд мешавад; – мувофиќати иљтимої – идеологие, ки дар асоси умумияти арзишњои идеологї ва мувофиќ омадани шавќу њавасњои этникию синфии зану шавњар ва дигар аъзоёни оила ба миён меояд.

29


ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР

Нурбахши ЉАЊОНГИР

устоди асил ва нобиѓаи сухан РЎЗГОР ВА ОСОРИ ТЕМУР ЗУЛФИЌОРОВ БА БАРНОМА ВА КИТОБИ ДАРСЇ ШОМИЛ МЕГАРДАД

27-уми феврали соли равон дар толори маљлисгоњи Вазорати маорифи Тољикистон љаласаи Шўрои миллии тањсилот баргузор гардид, ки дар он пешнињоди оњангсози шинохта, Аълочии фарњанги Тољикистон, узви пайвастаи Академияи адабиёт ва њунарњои зебои Русия ба номи Г.Р.Державини шањри СанктПетербург Хуршед Истампур Ниёзї дар бораи ворид кардани омўзиши њаёт ва фаъолияти шоир ва нависандаи маъруфи русзабони тољик Темур Зулфиќоров ба барномаи таълимии адабиёти тољик муњокима гардид. Муаллифи ин пешнињод, ки дар љаласа ширкат дошт, бо наќли ќавл аз донишманди маъруф Акбари 30

Турсон зикр намуд, ки Темур Зулфиќоров дар воќеъ аз адибони тавонои русзабони тољик аст. Њарчанд ў асарњояшро ба забони русї таълиф мекунад, тафаккураш сирф тољикї ва ё миллї мебошад, аз ин хотир, бояд осораш њамаљониба тањќиќ ва ба дарси адабиёти мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, касбї ва олї ворид карда шавад, зеро ў, бидуни шубња, «классики зиндаи адабиёти мост». Хуршед Ниёзї таъкид намуд, ки дар китобњои дарсии «Адабиёти тољик» барои мактабњои миёнаи тањсилоти умумї (синфњои 5-11), ки тайи солњои 2008-2001 чоп шудаанд, рољеъ ба рўзгор ва осори Т.Зулфиќоров сухане нест ва танњо дар китоби таълимии ин фан барои синфи 8 ду сатр дар бораи намояндаи комилњуќуќи адабиёти миллї будани ин адиби шинохта зикр шудаасту халос. Аз ин рў, боястї минбаъд зиндагинома ва эљодиёти ў ба барномаи таълимї шомил гардад ва дар нашрњои минбаъдаи китоби дарсии «Адабиёти тољик» барои синфи нињої (Х1) оид ба фаъолият ва эљодиёти Темур Зулфиќоров маводи лозимї ворид

карда шавад. Хуршед Ниёзї њамчунон тањќиќ ва омўзиши амиќи осори бадеї ва публисистии Темур Зулфиќоровро муњимтарин вазифаи уламои адабиётшиноси давраи истиќлоли Тољикистон номид. Дар муњокимаи ин масъала директори Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон профессор Шарифмуроди Исрофилниё, донишмандони варзида Мирзо Солењов, Таваралї Зиёзода, Нурулло Мирзоматов, Азим Байзоев ширкат варзида, пешнињоди ироашударо дастгирї намуданд. Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон профессор Нурид-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР

дин Саидов зикр намуд, ки дар њаќиќат Темур Зулфиќоров аз зумраи адибони тирози аввали замони муосир њам дар Тољикистон ва њам дар Русия мањсуб меёбад. Ў фарзанди шоистаи миллати тољик аст ва боястї насли љавони миллат аз рўзгор ва корномаи адабиаш огоњии бештаре дошта бошад. Љаласаи Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маориф

пешнињоди Хуршед Ниёзиро ба инобат гирифта, ба раиси гурўњи њамоњангсозии барнома ва китобњои дарсии адабиёти тољик дотсент Мирзо Солењов тавсия намуд, ки дар нашри нави китобњои дарсии «Адабиёти тољик» ворид кардани маводро рољеъ ба њаёт ва эљодиёти Темур Зулфиќоров (дар њаљми панљ сањифа) амалї намояд.

P.S. Ду сол пеш, дар арафаи њафтодупанљсолагии нависан­ даи маъруф Темур Зулфиќоров хабарнигори радиои “Озодї” Мирзои Салимпур гузориши пурмўњтавоеро рољеъ ба рўзгор, шахсият ва осори ў тањия наму­ да буд. Њамакнун мо ба хотири огоњии бештари хонандагон бо ин адиби мутафаккир ва фарзо­ намарди миллат фишурдаи онро бо баъзе иловањои љузъї пешка­ ши эшон мегардонем.

Мирзои САЛИМПУР

ЊАКИМЕ, КИ АЗ АБАДИЯТ ЗОЊИР ШУДААСТ “Дантеи адабиёти рус”, “классики мутлаќ”, “њакиме, ки аз абадият зоњир шудааст», “устоди асил ва нобиѓаи сухан”, “марде ки назмро дар никоњи наср даровардааст” ва њам “охирин дарвеш дар хонаќоњњои сарду сангии Маскав”. Чунин аст сифоте, ки аз Темур Зулфиќоров мекунанд. Темур Зулфиќоров - тобонтарин ситораи тољики адабиёти рус – ба синни мубораки 75 расид. Зулфиќоров, ки њамеша ба ин дунё бо чашми ду ќањрамони абадиаш - Хоља Насриддин ва Хоља Зулфиќори Девона нигоњ мекунад, то имрўз танњо адиби тољик аст, ки ду дафъа ба љоизаи Нобел пешбарї шудааст. Ў мегўяд, 75 синне боварнокарданист, вале боз њам як нуќтаи атф: «Шоирон ками дар кам ба чунин син мерасанд. Шеър бештар бо љавониву ишќу базму шароб тавъам аст, на бо даври пирї, ки инсон ба таркиби аъзояш бештар сарфањм меравад. Ин дигар даври дарди гурдаву дилу буѓумњост, то ваќти илњом. Шоири ба пирї расида одатан шоири бадест, ки эњсосоти худро дар тўли умр сарфакорона харљ кардааст ва ё шоире, ки дигар ба сафи њакимон мепайвандад. Шояд Худованд маро њам лоиќ дида бошад, ки ба соњили њакимон гузарам.» «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Аз “Рояли сафед” то “Як рўзи бачагии Муњаммад (с)” Темур Зулфиќоров 17-уми августи соли 1936 дар Душанбе дида ба љањон кушодааст. Падараш - Ќосим Зулфиќоров муддате раиси Кумитаи мардумии Бухоро ва котиби аввали њизби коммунист дар Шањринав буд. Соли 1937, ваќте Темур њамагї як сол дошт, падари ў зери чархи мошини таъќиботи сталинї уфтод ва њамчун “душмани халќ” ќатл шуд. Модараш Людмила Успенская солњои тўлонї муаллимаи

Волидони Темур Зулфиќоров забони русии Донишкадаи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Т.Г.Шевченко (алъон ДДОТ ба номи С.Айнї), доктори илми фило31


ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР

логия, профессор, муаллиф ва њаммуаллифи аксари китобњои дарсии “Забони русї” барои мактабњои миёнаи Тољикистон, муњаќќиќи гўишњои водии Њисор ва яке аз муаллифони “Луѓати тољикї-русї”-и чопи соли 1954 буд. Дар њамон сол, Темур Зулфиќоров ба риштаи фалсафаи Донишгоњи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва тањсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шањри Маскав идома дод. Муаллифи сенарияи 9 филм, аз љумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандањо парвоз мекунад”, “Мурѓи сиёњ”, “Саробњои ишќ”, “Ишќи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоља Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиќоров беш аз як миллион нусха баровард шуда, ў танњо адиби тољик аст, ки ду дафъа ба љоизаи адабии Нобел пешбарї шудааст.

Навбати Хоља Насриддин расид... Зулфиќоров ба фарќ аз њамсабаќњои зуд шўњратёфтааш дар Донишкадаи адабии ба номи Горкий - Андрей Вознесенский, Бела Ањмадуллина ё Юнна Моритс – даврони љавонї ва њатто миёнаи умри худро таќрибан дар гумномї ба сар бурд ва манбаи таъмини рўзгораш њам таълифи филмномањои оддие буд ба мисли “Ошпаз ва овозхон” бо Махфират Њамроќуловаи њанўз љавон дар наќши асосї. Њарчї ў дар ин муддат љиддитар навишт, њатто љуръат намекард ба дасти чоп бидињад. Нахустин китоби љиддиаш - “Достони марги Амир Темур” соли 1980, дар 44-солагии Темур Зулфиќоров ба дасти хонандагон расид. Ба дунбол, силсилаи достонњои Хоља Насриддину Хоља Зулфиќори Девона ва “Саргузаштњои заминиву осмонии шоир” њам баъди солњои 80 ба дасти хонанда расида, номи Темур Зулфиќоровро њамчун адиби нављўву навгў вирди забонњо карданд. Љоизаи Нобел шояд њанўз дар пеш бошад, вале дар кўлбори љоизањои Темур Зулфиќоров алакай љоизаи англисии “Коллетс” њаст, ки “Саргузаштњои заминиву осмонї”-и ў соли 1993 њамчун “Бењтарин романи Аврупо” ба 32

даст овард. “Масалњои тилоии Хоља Насриддин” дар соли 2004 њамчун “Асари барљастаи адабиёти рус” соњиби љоизаи “Ясная Поляна” шуд. Роман-устураи “Афъимори марљонї”-ро “Бењтарин китоби соли 2005” эътироф карданд ва имсол достони “Як рўзи бачагии Муњаммад Пайѓамбар(с)”-и Темур Зулфиќоров дар озмуни “Салавот бар Муњаммад(с)” љои аввалро гирифт.

«Забони тољикї”-и шоир Нахустин китоби русии Зулфиќоров дар Тољикистон соли 1983 чоп шуд, вале исми Темур Зулфиќоровро дар зодгоњаш мусоњибаи ў бо рўзноманигори нашрияи «Комсомоли Тољикистон» бо номи “100 савол ба Хоља Зулфиќори Девона” вирди забонњо кард ва мардуми зиёдеро дар љустуљўи китобњои ў афканд. Тарљумаи баланди “Ишќи аввали Хоља Насриддин” бо ќалами Муњаммадзамони Солењи фаќид ба лашкари њаводорони Зулфиќоров дар Тољикистон чунон афзуд, ки худи ў њам мегуфт, ки «тарљумаи Муњаммадзамон њатто аз асли русии ин достон олитар аст». Њолиё китобњои Зулфиќоровро ба тољикї асосан ќаламкашони варзида Нур Табаров ва Юнус Юсуфї бармегардонанд ва чанд нафар адибони љавон амсоли Шањлои Абдуњалим низ дар ин љода кўшишњое намудаанд. Худи Темур Зулфиќоров мегўяд, Табаров танњо тарљумон нест, балки забони тољикии ўст. Нашриёти “Адиб” ба муносибати љашни 75-солагии Темур Зулфиќоров соли 2011 тарљумаи тољикии китоби нави ў “Афъимори марљонї”-ро чоп намуд. Дар ин китоб роман-устураи “Афъимори марљонї” ва се достони мансури Зулфиќоров, аз љумла “Чойхонаи лаби љар”, Марг нест” ва “Як рўзи бачагии њазрaти Муњаммад Пайѓамбар(с)”, ки соли 2010 дар Русия дар озмуни “Салавот бар Муњаммад(с)” соњиби љоизаи аввал шуда буд, љой гирифтаанд.

Њамеша бо ёди Тољикистону Варзобаш “Як рўзи бачагї” ва чанд достони дигари вижаи масоили мазњабї њокист, ки Темур Зулфиќорови дар гузашта космополит Худољў ва “исломитар” шудааст, вале эътиќоди ў ба «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР

Худои азза ва љалла, албатта, дар ќолаби њељ як мазњаби алоњида намегунљад. Ў мегўяд, ќариб 3 моњ дар Тољикистон буд ва тоза ба Маскав баргашт: “Ќишлоќњои дурдастро сайр кардам, ба Искандаркўл рафтам, бори дигар аз зебоии кўњњои Фон ба ваљд омадам ва боз њам ба ватанам ошиќтар шудам. Вале дардњои ин ватан низ азобам медињанд, аз љумла шаробхорї ё ифлосии дарёњо. Хоља Насриддин мегўяд, ки дарё оби Аллоњ асту шароб – оби Шайтон. Мушкили дигар дар рўи дунё парешон шудани тољикњост, ки дар љустуљўи нон то ба Порису Ню-Йорку Маскав рафтаанд. Чизи дигаре ки дардам медињад, фосилаи хеле бузургест, ки дар Тољикистон байни ањли сарват ва ањли фаќр, байни ќасру кулба эљод шудааст.” Нур Табаров мегўяд, њар сафари Тољикистон барои Темур Зулфиќоров як љањон мавзўъи тоза медињад: “Ин мард мењри беандозае дорад ба ин сарзамин. Њар сол ду дафъа ба Тољикистон меояд – њам бањор ва њам тирамоњ. Меояд инљову мегардад дар њамон љоњое ки ќањрамонњои воќеиву хаёлии ў мегарданд. Бо њамон пайроњањои бузгард пои пиёда меравад, шабњо дар лаби дарёи Варзоб хоб меравад ва ба гуфтаи худаш, ситорашуморї мекунад. Ва њар бор як дунё эњсосоти тозаро бо худ мебарад ба Маскав. Тоза аз Маскав “Масалњои тамузї”-ро фиристод, ки инњо алакай мањсули сафари имсолааш ба Душанбеву ба дараи дўстдоштааш - Варзоб аст.”

Нобиѓаи тасаввуф, вале њанўз бе Нобел Адиби шинохтаи рус Анатолий Ким Темур Зулфиќоровро “устоди асил” ва “падидае комилан нотакрор” ба ќалам дода, бо таассуф мегўяд, ки ин нобиѓаи дар љањон эътирофшударо дар Русия ба таври кофї ќадр намекунанд. Валерий Плетнер ўро “аз њама лињоз – чї забону мавзўъ ва чї жанру чї услуб- як падидаи гўшношуниди адабиёти рус” ном мебарад. “Литературная газета”, нашрияи адабии чопи Маскав Темур Зулфиќоровро “Дантеи рус” ва “шоиру носири бузург”- у ”њаким ва нобиѓаи тасаввуф” тавсиф карда, профессор Артём Таласов менависад, Зулфиќоров “классики мутлаќи адабиёти љањонист ва назми ў «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

шабењи дуоњо ва мунољоти паёмбарони ќадим ё шаманњо.” Владимир Бондаренко, сардабири нашрияи адабии “День Литературы”, чопи Маскав дар сўњбат бо Озодї Темур Зулфиќоровро аз барљастатарин шуарои Русияи муосир унвон кард: «Аз нигоњи чї услуб, чї ороиш ва чї тасвир ягон касро наметавон дар радифи ў гузошт. Ба назари ман, Зулфиќоров шеъри русиро хеле бойтар кард. Ва ин аз решањои тољикии ў об мехўрад. Темур Зулфиќоров шеъри бузурги Шарќро бо шеъри русї гўиё хунпайванд кард. Ў дар воќеъ яке аз бузургтарин шоирони рус дар асри 20 аст». Пас чаро талошњои мањофили адабии Русия, ки Темур Зулфиќоровро ду дафъа ба љоизаи Нобел номзад карданд, самар надод? Владимир Бондаренко мегўяд, дар эътои љоизањои адабии Нобел омили сиёсї низ њамеша наќш дошт ва як далели аслии то имрўз ба ин љоиза ноил нашудани Зулфиќоров њам ин аст, ки на ў ва на шеъраш сиёсатзада нестанд: “Темур њатто бо худвижагиаш кайњо сазовори ин љоиза шудааст. Адибоне њастанд, ки истеъдоди хос доранд, вале дар як маљрои умумї ќарор доранд. Вале Темур Зулфиќоров падидае чунон вижаву нотакрор аст, ки љоизаи Нобелро бояд ба чунинњо дод. Љоизаи Нобелро њар сол, албатта, ба бењтаринњо медињанд, на ба адибони сиёсатмаоб. Вале муносибати умумї ба Русияи Путин ва мавзеъи сиёсии довталабон низ наќш дорад. Бубинед, Орњан Памук, ки дар воќеъ сазовор буд, то замоне ки ќатли арманињоро ќатли ом нагуфту кораш ба додгоњ нарафт, љоизаи Нобел нагирифт. Темур Зулфиќоров дар радифи Валентин Распутин ва Василий Аксёнов аз ангуштшумор адибони рус аст, ки шоистаи Нобел њастанд. Мушкили ў дар камбуди њунараш нест, балки дар камбуди фаъолиятњои сиёсист.”

Пуле байни ду мардум Давлат Худоназаров, коргардони тољик, ки беш аз бист сол боз дар Маскав ба сар мебарад, мегўяд, дар шароити имрўз, ки мори афъии ќавмгарої дар Русия сар баланд кардааст, пулњои фарњангие чун Темур Зулфиќоров сахт лозиманд, ки бо њашамат ва бузургии њунари худ ба ањли ин кишвар тасвири дигаре аз мардуми тољикро низ бинамоянд, ки ин миллат 33


ДОНИШГОЊИ ЃОИБОНАИ ОМЎЗГОР

фаќат мардикор намезояд: “Темур Зулфиќоров аз як сў њамчун адиби тољик шинохта шудааст ва аз сўи дигар- њамчун нависандаи рус. Русе ки сафири фарњанги тољик дар Русия аст. Темур Зулфиќоров дар адабиёти рус давомдињандаи анъанаест, ки дар солњои 20 бо ин услуб, барои мисол, Хлебников менавишт. Ў тавонист як услуби омехтаи навиштанро пайдо кунад, ки шираи фарњанги тољикро низ дар худ нигоњ дошта, ба хонандаи рус мефањмонад. Осори ў саропо романтикист ва бар пояи њар кадоми онњо метавон филми баланде сохт.” Темур Зулфиќоров, албатта, аз нахустин адибони тољиктабор дар адабиёти рус ва то кунун тобонтарин ситораи тољик дар осмони ин адабиёт аст. Вале дар осмони адабиёт ва фарњанги рус танњо ин як ситора нест, ки медурахшад. Темур Зулфиќоров мегўяд, њар рўз, ваќте азоби мардикорони тољикро дар Русия мебинад, ѓашаш меояд, ки таќдир ба љои девони Румї ё Камол ба дасти ин мардум белу љорўбу зоѓнўл додааст: “Ваќте одам дар љустуљўи нон меуфтад, аз ситорањо фаромўш мекунад. Њоло њам дар рустоњои дурдасти Тољикистон Саъдиву Њофиз мехонанд, вале торафт камтару камтар. Ва ваќте аз боми биноњои осмонбўи Маскав садои сўњбати тољикї ба гўшам меояд, ман ба ёди кўдаки тољике меуфтам, ки дар боми кулбаи падариаш менишаст ва болои сараш уќобњо парвоз мекарданд ва акнун чархи зиндагї ўро рўи боми ин осмонбўси мураккаб аз бетону пўлод овардааст. Аз дили ин бача оё чї мегузарад? Дилам барои онњо месўзад.”

Бухгалтерияи шоир Темур Зулфиќоров дар ин гуфтугў аз рўзгори фаќиронааш њам лаб ба шикоят кушод, вале гуфт, азбаски њарду мардуми тољику рус, ки ў барои онњо менависад, низ дар чанги фаќранд, ў њам бояд, ба таъбири худи Зулфиќоров, “шоири камбаѓали ин ду халќи камбаѓал бошад”: “Талошњои ман барои рањої аз чанголи нодорї ба љое нарасид. Ва феълан ман дар љайб пули пучаке надорам, ки дар зодрўзам ягон хони зиёфат дуруст кунам. Ман боре пулро ќоѓази Шайтон хонда, гуфта будам, ки агар ба рўи пул нек нигарї, симои Шайтон намудор мешавад. Ва шояд Худо барои њамин ба ман пул намедињад. 34

Вале ваќте њар ду мардуми ман камбаѓал аст ва ман њамчун адиби онњо бояд низ камбаѓал бошам. Чунин нодории комил дар синни 75 маро азоб медињад, вале аз таќдир мебинам. “Шикоят аз пирї”-и Рўдакї ба ёд меояд. Рўдакї њам дар поёни умр даст ба њисобу китоби умраш зад ва маълум кард, ки ѓайри асову анбон чизе надорад.” Чанд сол пеш Президенти Љумњурии То­ љикистон Эмомалї Рањмон ба Темур Зулфи­ ќоров дар Душанбе як манзили сењуљрагї дод, ки ў њангоми сафарњояш ба ватан дар он ба сар мебарад. Темур Зулфиќоров мехоњад, то баъди ў дар ин манзил хона-музейи ўву модари низ ба Тољикистон хидматкардаашро бино кунанд. Бо ин њол, Темур Зулфиќоров, ки њама “нобиѓаи сухан” ва “Дантеи адабиёти рус” сифаташ мекунанд, бо ањли хонаводаи худ таќрибан 40 сол боз дар њамон кўчаи Мосфилм ва дар њамон як кўлбаи танги дуњуљрагї дар ќабати баланди 14-ум ба сар мебарад ва бо њасрат мегўяд, ки љайби њамеша тињиаш нагузошт, то орзуи ў барои зиндагї дар њавлї дар Маскав ё дар Тољикистон љомаи амал би 19.08.2011 пўшад. Баъди мутолиаи ин матлаб яке аз мухлисони эљодиёти Темур Зулфиќоров навиштааст: «Ман гумон мекунам, ки устод Зулфиќоров дар бузургї њампояи Љалолуддини Румї ва Муњаммад Иќбол аст ва на дар Тољикистон ва на дар Русия њамто надорад. Ў ба мисли Румї инсондўст аст, на миллатгарову мазњабгаро. Ў ваќте аз Исои Масењ(а) мегўяд, дили њар масењї об мешавад, ваќте аз Њазрати Муњаммад(с) мегўяд, њар мусалмоне мутаассир мемонад ва вате аз Мўсо(а) њикоят мекунад, њар яњудие ўро њаммазњаби худ эњсос мекунад. Тасаввуфи бутпарастони Њинду Чин дар эљодиёти устод Зулфиќоров хеле зиёд эњсос мешавад ва бо эњтироми хосса аз ин тасаввуф истифода мекунад. Устод Зулфиќоров донандаи хуби забони тољикист ва калимаву иборањои зиёди ин забонро истифода мекунад ва хар сатри ў шакару шарбати тољикї дорад, агарчи бо русї баён мешавад. Асари «Масалњои Хоља Насриддина» сатрњои «Гулистон»-и Саъдиро ба ёд меорад.» «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ФАРЊАНГИ ВОЛИДОН

СУБЊ БИХЕЗ Модар набояд кўдаки мактабхони худро њанўз субњ аз хоб бедор кунад. Кўдак аз модаре, ки ба хобаш халал медињад ва рўъёњои ўро аз њам мерезад, нафрат дорад. Кўдак аз ин ки модар ба њуљрааш ояд ва кўрпаро аз рўяш бардораду гўяд «бихез, дер шуд», вањшат дорад. Агар кўдак бо садои соати зангдор бедор шавад, бењтар аст аз он ки бо садои «модари зангдор» бедор шавад.

барваќт аст азизам, чаро чанд даќикаи дигар нахобї?» Љорљ аз бистар берун парид, дар њоле ки мегуфт: -На, ба мактаб дер мешавад». Набояд кўдакеро, ки ба осонї аз хоб барнамехезад, танбал номид ва ба кўдаке, ки фавран барнамехезад ва њанўз хоболуд аст, барчаспи «бадхў» зад. Кўдаконе, ки чолок будан ба њангоми субњро душвор меёбанд, набояд мавриди тамасхур ќарор гиранд. Ба љои ин

бош!»-и падару модар бо кунд­ корињои худ муќовимат мекунад. Он чї адами фаъолият ба назар меояд, дар воќеъ силоњи бисёр муассири кўдак бар зидди барномаи соатии золимонаест, ки ба ў тањмил шудааст. Камтар бояд аз кўдак хост, ки шитоб кунад. Дар иваз бояд мањдудиятњои замонии воќеї дар ихтиёри ў ќарор дода ва ўро танњо гузошт, то худаш талош кунад ва корњояшро ба мавќеъ анљом дињад:

ЯК РЎЗ АЗ ЗИНДАГИИ КЎДАК Љорљи њаштсола субњ ба душворї аз хоб мехест. Ў њар рўз мекўшид чанд даќиќаи тамомнашудании дигар дар бистар бимонад, модар чанд бор чењра дигар кард ва ба њар даре зад, то ўро бедор кунад. Аммо Љорљ пофишорї мекард: бо сахтї мехест, ба њангоми сарфи субњона нохушоянд буд ва охир дер ба мактаб мерафт. Бањсњое, ки њар рўз пеш меомад, модарро хаста карда буд. Саранљом модар њадяи ѓай­ римунтазир - як соати зангдор ба ў дод ва вазъият ба таври њаяљоновар таѓйир ёфт. «Барои Љорљ, ки дўст надорад субњ дигарон ўро зуд аз хоб бедор кунанд. Њоло метавонї раиси худат бошї. Дўстдори ту модар». – Чї гуна тавонистї би­фањ­ мї, ки ман дўст надорам дигарон маро бедор кунанд? Модар лабханд заду гуфт: -Кашф кардам. Субњи рўзи дигар соат занг зад, модар ба Љорљ гуфт: -Њоло

ки бо онон вориди љанг шавем, бењтарин кор ин аст, ки бигзорем дањ даќиќаи тиллоии дигарро ба хоб ё хаёлбофї сарф кунанд ва аз он лаззат баранд. Инро метавон бо танзими соат ба тавре ки зудтар занг бизанад, амалї кард. Изњороти мо ба љои ин ки баёнкунандаи хашм, тањќир, тамасхур ё њушдор дар бораи саломатї бошад, боястї якдилии моро бо ў бифањмонад: «Имрўз субњ хестан мушкил аст». «Хеле кайф дорад одам до­ хили бистараш дароз бикашад ва ѓарќи рўъё бишавад». «Панљ даќиќаи дигар њам би­ хоб». Чунин изњорот субњро дурахшон месозад, онњо муњите аз мулоимат ва самимият меофаранд. ЗАМОНИ ШИТОБ Ваќте аз кўдак мехоњад, ки шитоб кунад, ў беш аз пеш ваќтро њадар мекунад. Вай бисёр ваќт дар баробари «зуд

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

«Мошини мактаб баъд аз дањ даќиќа меояд». «Филм соати як шурўъ ме­ шавад, њоло соат дувоздању ним аст». «Ѓизои шом соати њафт сарф хоњад шуд, њоло соати шашу ним аст». Њадаф аз гуфтаи мо расонидани ин паём ба кўдак аст, ки мо интизор њастем ў корњояшро ба мавќеъ анљом дињад. СУБЊОНА Замони сарфи субњона мав­ ќеи хубе барои омўзиши фалса­ фањои љањоншумул, усули ах­ лоќї ё одоби муошират нест. Замони сарфи субњона мавќеи муносибест то ба кўдакон би­ фањмонем, ки хонаи онњо як ошпазхона ва њуљраи ѓизохўрї бо муњити хушоянд ва ѓизои хуб аст. Ба таври куллї ваќти ѓизо­ хўрї замони муносибе барои сўњбатњои тўлонї нест. Њан­гоми субњ падару модар ё кўдакон аѓлаб хоболуд ва 35


ФАРЊАНГИ ВОЛИДОН

бадхулќ њастанд ва бигўмагўњо мумкин аст ба асабоният ва нохушї ба поён расад. ЛИБОС ПЎШИДАН Дар баъзе хонаводањо падару модар ва кўдак даргири љанги рўзмарраи банди кафш мешаванд. Падар мегўяд: «Њар ваќт ки мебинам банди кафши писарам боз аст, мехоњам об шаваму ба замин фурў равам. Мехоњам бидонам, ки оё бояд ўро водор ба бастани банди кафшаш кунем ё бигзорем ў њамин тавр берун биравад. Ў мумкин аст ин тавр хушњол бошад, аммо оё ин метавонад далел бар ин бошад, ки мо масъулиятро ба кўдаки худ ёд надињем? Бењтарин кор ин аст, ки омўзиши масъулият ва бастани банди кафшро ду маврид људо аз њамдигар дар назар бигирем ва онњоро ба якдигар пайванд надињем, бењтар аст бо хариди як љуфт кафши роњатї ё бастани банди кафши кўдак бидуни тафсир аз бањс ва гуфтугў бипарњезем. Метавон хотирљамъ буд, ки дер ё зуд кўдак худаш бастани банди кафшро ёд хоњад гирифт. Кўдакон ваќте ба мактаб мера­в анд, набояд монанди ашрофон лордњо либос пў­ шида бошанд Онњо набояд нигарони тоза нигоњ доштани либосњояшон бошанд. Кўдак бояд озод бошад, ки бидавад, бипарад, тўббозї кунад. Ваќте кўдак бо либоси касиф аз мактаб бозмегардад, модар метавонад гўяд: -Ба назарам мерасад, ки имрўз сару садои зиёд доштї. Агар мехоњї либос иваз кунї, бирав ганљаро боз кун, он љо либоси тоза њаст. 36

Њељ кўмаке нахоњад буд, агар ба кўдак бигўем либосњоят дарњам барњам аст, касиф ба назар мерасад ва ё моро аз шустану уту кардани либосњои ў љон ба лаб расидааст. Ин гуфтањо њељ суде надоранд. Ба љои он ки соатњо дар бораи тозагї ба кўдак дарс хонем, бењтар аст, чанд даст либоси арзон ва бодавом барои ў бихарем, то аз ин тариќ саломатии рўњиашро бештар таъмин карда бошем. РАФТАН БА МАКТАБ Аз он љо ки кўдак ба њан­ гоми субњ аљала дорад, метавон интизор дошт, ки вай китобњои дарсї, айнак, пули нањори худро фаромўш кунад. Бењтарин кор дар ин ваќт он аст, ки ашёи фаромўшшударо бидуни гапу гузор ва изњори надоштани масъулият ба ў бидињем. Агар ба кўдак бигўем «айнак ин љост», ба ў бештар кўмак кардам, то ин ки бигўем «мехоњам зинда бимонам ва он рўзро бубинам, ки ту ёдат би­ монад айнакатро бигирї». Агар ба кўдак бигўем «зарфи ѓизоят ин љост», бењтар аст аз он, ки бигўем «бо ин хотира агар са­ рат дар гарданат банд намебуд, онро низ фаромўш мекардї». Набояд мавќеи ба мактаб рафтани кўдак фењристе аз њушдор ва тазаккур ба ў дод. Агар ба кўдак бигўем: «рўзи хуше дошта бошї», бењтар аз ин таъкиди маъмул аст, ки «ху­ датро ба дарди сар наандоз». Агар ба кўдак бигўем: «соати ду туро интизор њастем», барои ў омўзандатар хоњад буд то ин ки бигўем: «мактаб, ки тамом шуд, дар кўчањо бењуда нагарду зуд биё».

БОЗГАШТ АЗ МАКТАБ Бењтар аст, ки модар дар хона бошад ва ваќте кўдак ба ў хушомад бигўяд, модар ба љои ин, ки аз ў саволњои пешипоуфтодае монанди «мактаб чї хел буд?» ва «имрўз чї кор кардї?» бикунад, ки маъмулан љавобњои пешипоуфтодае дорад метавонад иборатеро баён кунад, ки саршор аз дарки ранљњо ва кўшишњои кўдак дар мактаб аст: «Ќиёфаат нишон медињад, ки рўзи сахте доштї». «Шарт мебандам, ки наме­ та­вонистї мунтазир, бошї то мактаб тамом шавад». «Аз ин ки дар хона њастї, хушњол ба назар мерасї». Ваќте модар наметавонад шахсан дар хона бошад, то ба њангоми бозгашт кўдакашро хушомад гўяд, метавонад пай­ ѓоме барои ў бигзорад ва дар он бигўяд, ки куљо рафтааст. Баъзе аз падару модар пай­ ѓоми худашонро рўи навор сабт мекунанд. Кўдак метавонад борњо ба садои модари худ гўш дињад. Ба њар њол чунин паёмњо иртиботе маънидор байни падару модар ва кўдак падид меоваранд. БОЗГАШТИ ПАДАР БА ХОНА Ваќте падар њангоми ѓуруб ба хона бозмегардад, эњтиёљ ба як давраи интиќоли ором аз дархостњои дунёи берун ба дархостњои хонаводааш дорад. Падар набояд дар остонаи дар бо анбўње аз шикоёт ва таќозоњо рў ба рў шавад. Аз солњои нахустини кўдакї кўдакон ёд мегиранд, ки ваќте падар ба хона меояд, ба як давраи кўтоњи сукут ва осоиш

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ФАРЊАНГИ ВОЛИДОН

эњтиёљ дорад. Аз тарафи дигар замони сарфи шом бояд мавќеи сўњбат кардан бошад. Таъкид бояд бештар рўи ѓизои ќувваи тафаккур бошад ва ѓизои шикамсеркун. Боястї таваљљўњи камтаре нисбат ба тарзи ѓизо хўрдани кўдак ва ѓизое, ки мехўрад, бишавад. Ба љои он боястї намунањои бешуморе аз њунари ќадимињо дар гуфтугў зикр шавад. ВАЌТИ ХОБ Дар бисёр хонаводањо ваќ­ ти хоб девонакунанда аст. Кўдакон ва модар даст ба дасти њам медињанд ва љомеаи кўчаке падид меоваранд, ки дар он њар кадом дигареро маъюс месозад. Кўдакон саъй мекунанд то љое мумкин аст бедор бимонанд, дар њоле, ки модар аз онњо мехоњад њар чї зудтар бихобанд. Кўдаконе, ки њанўз ба мактаб намераванд, мўњтољанд, ки модар ё падар онњоро бихобонад. Аз ваќти хоб метавон барои гуфтугўи самимона бо кўдаки худ истифода кард. Дар натиља кўдакон ба тадриљ ба ваќти хоб алоќаманд мешаванд. Онњо аз ин ки замоне бо падар ё модар танњо бошанд, хушашон меояд. Агар падару модарон гўш додан ба њарфњои кўдакро ба худ њамвор созанд, кўдак ёд хоњад гирифт, ки тарсњо, умедњо ва орзуњояшро бо онон дар миён бигзорад. Ин тамосњои самимона кўдакро аз изтироб рањо месозад ва ўро ба хоби хуш фурў мебарад. Баъзе кўдакони бузургтар низ дўст доранд, ки падар ё модар онњоро бихобонанд. Ба ин хостаи онњо бояд эњтиром гу-

зошт ва онро воќеият бахшид. Кўдакон набояд ба хотири хостани чизњое, ки аз назари бузургон «афкори кўдакона» аст, мавриди тамасхур ва сарзаниш ќарор гиранд. Ваќте кўдак иддао мекунад, ки фаромўш кардааст ба њаммом биравад ё ваќте кўдак як пиёла об мехоњад, бењтарин кор ин аст, ки падару модар даргири љанг бо ў нашаванд. Бо вуљуди ин бояд ба кўдаке, ки ба такрор модарро ба њуљ­ раи хобаш мехонад, гуфт: -Медонам, ки дилат мехоњад бештар пеши ту бошам аммо њоло бояд пеши падарат бошам. Кўдакон бояд бидонанд, ки мавќеиятњое вуљуд доранд, ки набояд дар онњо ширкат дошта бошанд. ТЕЛЕВИЗИОН ВА КЎДАК Њељ бањсе дар бораи як рўз аз зиндагии кўдак комил нахоњад буд агар нуфузи телевизион сарфи назар шавад. Кўдакон тамошои телевизионро дўст доранд. Онњо онро аз китоб хондан, мусиќї шунидан ё ширкат дар ягон гуфтугў бисёртар медонанд. Падару модарон нисбат ба телевизион ду назар доранд. Онњо ин воќеиятро, ки телевизион кўдаконро машѓул мекунад ва онњоро аз эљоди дарди сар нигоњ медорад, менависанд, аммо чашмдори осеби эњтимолї, ки ба чашмњо ва гўшњои кўдакон мерасад, њастанд. Мутахассисон дар ин маврид чунин аќида доранд: Телевизион барои кўдакон бад аст. Телевизион тамоиле барои зўргўї, хушунат ва вањшигарї падид меоварад ва кўдаконро нисбат ба дарду ранљи башар бепарво месозад.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Телевизион барои кўдакон хуб аст. Хушунате, ки бо намоиш баён мешавад, кўдаконро дар халос шудан аз ангезањои хусуматомез ёрї мекунад. Телевизион таъсири андаке рўи кўдакон боќї мегузорад, шаклгирии шахсият ва арзишњои кўдакон њангоми таъсирпазирї аз падару модар ва њамтоњо анљом мешавад на њангоми таъсирпазирї аз тасвирњои рўи як парда. Бо вуљуди ин воќеияте њаст, ки њама онро мепазиранд. Телевизион бахши муњиме аз рўзи кўдакро талаф мекунад. Њатто агар барномањои телевизион таблиѓот ё намоишњои вањшигарона набошад њам, боз кўдаконро аз фаъолиятњои омўзандатар дур месозад, дар баъзе аз хонаводањо танњо дар охири њафта ба кўдакон иљоза дода мешавад, ки телевизион тамошо кунанд. Теъдоди бисёре аз падару модарон эњсос мекунанд, ки наметавон интихоби барномањои телевизионро комилан ба кўдак вогузор кард. Онњо майл надоранд бигзоранд, ки фарзандонашон тањти таъсири љинояткорон ва одамкушњо ќарор бигиранд. Волидон њуќуќ доранд наг­ зоранд фарзандонашон тањ­ти таъсири хушунатњо ва вањши­ гарињои рўзмарра ќарор гиранд, дар айни њол кўдакон набояд ба таври кулл аз фољиа­ њои башарї бехабар бимонанд, боястї аз саргармињое, ки дар онњо вањшигарии инсонњо нисбат ба якдигар фољиае нест, балки як ќонун аст, мавриди њифозат ќарор бигирад. Тањияи Муњаммадљони Шодї, Муњаммадиќболи Нўъмониён

37


МИНБАРИ ТАЉРИБА

Њасан СОДИЌОВ, омўзгори мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 24, ноњияи Масчоњ

РОЊХАТ БАЊРИ ИШТИРОК БА ДАРС як усули хуби омўхтану тарѓиби таљрибаи педагогии омўзгорон дар мактаб Дарс зинаи асосии кори таълим аст. Он як шакли мењнат ё машѓулиятест, ки дар ваќти муайян (одатан 45 даќиќа) иљро карда шуда, бањри амалї гардидани он шахси масъул - омўзгор зањмати бештар мекашад. Агар дарс љараёни пурмењнату душвор бошад, иштирок ба он, тањлилу хулосабарорї низ душвортару пурмасъулият мебошад. Мувофиќи талаботи дидак­ тикї ва њуљљатњои меъёриву њу­ќуќї ва оинномавї яке аз вази­фањои асосии директору муовинонњои ў иштирок ба 2-3 соат дарси муаллимон дар ваќти ва тањлили он мебошад. Дар мактаби мо бо маќсади ба таври васеъ омўхтан, тарѓиб намудани кори њамдигар ва хубтар шинос шудан ба усули корбарии њампешагон, хусусан, барои ба таври воќеї бањо додан ба фаъолияти омўзгорон рўзњои иштирок ба дарси њамдигар муайян шуда, ба муаллимон «роњхат барои ишти­ рок ба дарс» дода мешавад. Баъди роњхатро гирифтан ба омўзгорон тавсия дода мешавад, ки то њадди имкон ба дарсњои муаллимони љавон ё омўзгороне, ки фаъолияти кориашон табъи дил нест, иштирок намуда, мувофиќи фањмиши хеш ба он бањои њаќќонї гузоранд. Комёбї ё норасоињои дарси њамкасбонро холисона нишон дода, барои пешравии 38

сифати дарсњо маслињати худро дареѓ надоранд. Чунончи, дар њафтаи дуюми моњи декабри соли гузашта ба 20 нафар омўзгорон роњњат (вараќњои сафеди якхела) дода шуда, муњлати супоридани онњо 3-4 рўз муайян гардид. Дар охири њафта 17 нафар роњхатњоро супориданд. Њангоми омўхтани онњо бисёр тањлилњои асоснок, маслињату дастурњои љолибро дарёфтем. Дар љаласаи назди директор навиштањои омўз­ горонро омўхта, хулоса намудем ва баъзе тавсияю эродњои љолибро ба муаллимони дахлдор расонидем. Дар баробари ин, бархе аз тањлилгарон равиши дарсро аз аввал то охир чанд кас пурсида шуду чанд нафар бањо гирифт ё баёни мавзўи нав чанд даќиќа сурат гирифту мустањкамкунї чанд даќиќа, рўи коѓаз овардаанд. Иддае аз омўзгорон ба дарсњои кушод иштирок намуда, хулосањои умумї навиштаанд. Дар байни роњхатњо диќќати моро тањлили дарси яксоатаи омўзгори муаррифишаванда Э.Соњибов аз тарафи Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, омўзгори дараљаи олї З.Шарифов бештар љалб намуд. Дарс дар синфи 3 аз фанни математика гузаронида шуда, дар ќисми аввали роњхат оид ба шахсияти омўзгор, симои педагогии ў, усулу тарзи

корбариаш, иштироку фаъолияти хонандагон, истифодаи китоб, аёният, воситањои техникии таълим дар дарс маълумоти сањењ дода шудааст. Баъд аз тарафи мушоњидачї ба баёни мавзўи нав, маќсади дарс, навъи дарс шакли дарс, усулњои таълим ба таври мушаххас бањо дода шудааст. Чунончи, ў менависад: «Барои њар дарс муайян намудани вазифаи он чизи асосист ва дар иљрои ин вазифа - яъне ташаккул додани мањорату малакаи хонандагон аз фанни математика омўзгор Э.Соњибов ба хубї баромада тавонист. Дарси нав - «Ёфтани њамзарби номаълум» бо роњнамоии омўзгор моњирона бо иштироки фаъолонаи хонандагон њаллу фасл гардид. Яъне дар ин дарс чизи аз њама муњим принсипњои илмї, пайдарњамии аёнї ва дастрас будани таълим риоя шуда, фаъолияти устоду шогирдон шоистаи таъриф буд. Дар дарс ба муњимтарин муаммои дидактика - истифодаи методњои таълим эљодкорона муносибат карда шуд. Њалли чанд масъалаи шифоњї ва ми­ солњои мансуб ба њаёти њаррўза аз љањонбинии васеъ ва соњиби малакањои зарурї будани хонандагон гувоњї медод. Шакли асосии ба хонандагон додани дониш - усули фањмондадињї буд, ки ба ќо­ билият, хусусияти равонии хо­

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


МИНБАРИ ТАЉРИБА нандагон созгор ва гўё буд. Дар дарс шакли назоратии корбарї низ истифода шуд ва хонандагон аз мадди назари муаллим дур намонданд. Дар синф фазои васеи демократии таълим њукмрон буд. Дар ќисми дигари анкета масъалањои маданияти нутќ, тозагии забон, захираи луѓавии хонандагон хуб бањогузорї шуд». Дар боби маслињату тавсия­ њо З.Шарифов ќайд мекунад: «Агар омўзгор дар ин дарс ба кори эљодии хонандагон такя намуда, ба талабагони пеш­ ќадам супоришњои иловагї медод ё онњоро ба кўмаки шарикдарсон сафарбар менамуд, нуран алонур мешуд. Дониш

ва ќобилияти хонандагони ин синф таќозо мекунад, ки аз усулњои фаъоли таълим бештар истифода шавад ва масъалањои имло аз мадди назар дур намонанд». Дар дарси муаллим Э.Со­њи­ бов боз 3-4 нафар иштирок намуда, ба фаъолияти ў бањои сазовор додаанд. Баъди омўхтану хулоса намудани тањлилу маслињатњои омўзгорон нисбат ба фаъолияти ин омўзгорон салоњ дониста шуд, ки њангоми навиштани тавсифнома фикру андешањои њамкорон низ ба њисоб гирем. Ин шакли корбарї ба як масъалаи муњим - эљодкорона ва мустаќилона тањлил ва

бањодињии муаллимон ба донишу њунари њамкасбонашон кўмак мерасонад, омўзгорони љавонро водор месозад, ки ба дарсњо бештар иштирок карда, дар як ваќт ба дарсњои хеш хубтар омодагї бинанд. Аз тарафи дигар, маъмурият њам аз ин роњхатњо ба баъзе љињатњои мусбї ё манфии кори омўзгорон шинос мешавад ва ин як сарчашмае мешавад бањри бањодињї ба фаъолияти омўзгор. Роњбари мактаб бо такя ба ин маслињатњо иштироки хешро ба дарсњои омўзгорони нисбатан фориѓбол бештар ба наќша мегирад.

МУАЙЯН НАМУДАНИ ДАРАЉАИ МУСТАЌИЛИЯТИ ШАХС Мустаќилият – сифати иродавии шахс аст ва он дар мањорати мувофиќи ташаббуси шахсии худ маќсад гузоштан, ёфтани роњи ноил шудан ба он ва ба таври амалї иљро намудани ќарори ќабулшуда зоњир мешавад. Одами мустаќил намехоњад, ки дигар кас ба љои ў кор кунад. Мустаќилї сифати ба талќиншавандагї муќобил аст. Мустаќилият табиати модарзодї надошта, бо болоравии синну сол ташаккул меёбад ва дар њар як зинаи синнусолї хусусиятњои ба худ хосро пайдо мекунад. Њанўз дар синни панљ-шашмоњагї кўшиши аз тарафи кўдак мустаќилона гирифтани бозича, нишастан ва хобиданро сарахбори мустаќилї шуморидан мумкин аст. Бо оѓози фаъолияти таълимї инкишофи мустаќилият суръати тоза мегирад ва дар синни наврасї онро њамчун хусусияти шахсияти наврас бањогузорї мекунанд. Маќсаднокї бо сифати иродавии суботкорї алоќаи зич дорад. Суботкорї – сифати иродавї буда, мањо­ра­ ти то ба охир бурда расонидани ќарори ќабул­ кардашуда, дар роњи он њар гуна монеаю душ­ ворињоро бартараф намудан ва ба маќсади гузошташуда ноил гардидан мебошад. Суботкориро бояд аз сифати муќобилмаънои он - якравї

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

фарќ кард. Одами якрав одатан танњо фикру андешаи шахсии худ, далелу асосњои худашро эътироф мекунад ва дар амалу рафторњои худ њарчанд нодуруст бошад њам, онњоро ба роњбарї мегирад. Мустаќилият сифате ба шумор меравад, ки аз шахс барои иљрои бевосита ва фаъолият кўшишро талаб мекунад. Бояд ќайд намоем, ки маќсади асосии мо бунёди љамъияти демократї, њуќуќбунёд ва дунявї аст ва барои ташаккули ин пеш аз њама тафаккури мустаќил зарур аст. Ин намуди тафаккур пеш аз њама дар мактаб ташаккул дода шавад. Муаллимон бояд аз усулњои «таълими проблемавї», «таълими интерактивї» ва ѓайра истифода карда, дар ташаккули тафаккури мустаќили хонандагон мусоидат намоянд. Шумо бо ёрии ин пурсишнома муайян намоед, ки то кадом дараља худатон дарќабул карданиќарор мустаќилед. Њастанд шахсоне, ки мустаќил нестанд ва мушкилоти худро ба сари дигарон бор мекунанд. Боварї дорем, ки шумо ба ин гурўњ дохил намешавед. Саволнома Дастур: ба њар љавоби «а» 4 хол, «б» 2 хол, «в» 1 хол дода мешавад. 39


МИНБАРИ ТАЉРИБА 1. Шумо баъди хатми мактаб касбу кори ояндаи худро чї хел муайян намудаед? а) мустаќилона њал кардед ва такя ба шавќу њаваси худ намудед; б) ба аќидаи волидайн ва хешу табор гўш додед; в) фаќат ба маслињати дўстони наздик такя кардед. 2. Шумо њангоми интихоби таълимгоњ ба чї такя намудед? а) фаќат ба иродаи худ; б) ба муваффаќ гардидан дар имтињонњои дохилшавї; в) ба шиносњо. 3. Шумо њангоми тањсил ба дарсњо ва имтињонњо чї гуна тайёрї медидед? а) ба мењнатдўстии худ такя мекардед; б) аз муаллимон ва њамсинфони худ баъзан ёрї мепурсидед; в) фаќат ба ёрии ягон кас умедвор мешудед. 4. Шумо чї тавр ба кор омадед? а) бо роњхат; б) пеш аз њама ахбори шиносњоеро истифода бурдед, ки одамонро хуб медонанд; в) бо восита ба кор омадед. 5. Шумо барои њалли мушкилоти пайдошуда чї кор мекунед? а) ба дониш ва таљрибаи худ такя менамоед; б) баъзан бо њамкоронатон маслињат менамоед; в) фаќат бо маслињат онро њал мекунед. 6. Оиладоршавии шумо чї гуна сурат гирифт? а) шумо худатон ба ин хулоса омадед; б) ба аќидаи наздикони худ такя намудед; в) шумо номзади худро ба наздиконатон шинос кардед ва бо онњо маслињат намудед. 7. Агар њамсаратон дар сафари хизматї бошад, шумоќодиред, ки худатон сару либос, ашёи хонаро интихоб намоед ва дигарќарорњои муњимроќабул кунед? а) ња; б) албатта, метавонед ин корро кунед, лекин бењтараш инќарорро ба мўњлати дигар гузаронед? в) не. 8. То кадом андоза шумо дар наврасиатон дар фикри худ сахт истодагарї мекардед? а) њамеша аќидаи худро њимоя менамудед ва ин ба низоъ бо волидайн низ мебурд; б) дар аќидаатон меистодед, лекин аќидаи волидайнро низ эњтиром мекардед; в) шумо худатон ба ягонќарор омада наметавонистед. 9. Шумо њоло то чї андоза аќидаи худро дар кор, хона ва дўстонатон мегузаронед? а) албатта, новобаста аз вазъият дар аќидаатон мемонед; б) дар бисёр њолатњо – ња; 40

в) баъзан. 10. Инкишофи шумо дар соњањои хизматї, љамъиятї њамчун шахс чї гуна аст? а) пурра ба касбатон дода шудаед; б) ба шумо аќидаи њамсаратон хеле муњим аст; в) шумо фикру аќидаи дигаронроќабул менамоед. 11. Агар шумо бинед, ки њамсар ё наздиконатон ягон чизро ба зарари саломатии худ мекунанд, он гоњ: а) шумо маљбур мекунед, ки онњо худашонро назорат кунанд; б) боодобона мегўед, ки чї бояд кард? в) кўшиш мекунед, ки ягон маслињат дињед, вале ин баъзан муяссар намешавад. Љамъбаст ва натиља: Аз 30 то 40 хол. Шумо аз њад зиёд мустаќилед ва аз ин рў намехоњед, ки ба коратон ягон кас дахолат кунад. Шумо њатто ба фикри ягон кас гўш намедињед. Шумо боварї доред, ки ба њама љињатњои мусбат ва манфии масъала дуруст бањо дода метавонед, магар шумо барои ба маќсад расидан якравї намекунед. Дар хотир доред, ки худбоварї хуб аст, лекин аз меъёр гузарад, метавонад ба камбудї мубаддал шавад. Аз 15 то 29 хол. Шумо феъли хуб доред ва муш­ килињоятонро метавонед бе душворї паси сар намоед. Шумо дўсти боваринок буда, ба оянда бо боварї менигаред. Шумо аз дигарон вобаста нестед, ба фикри дигарон низ гўш медињед ва аз ин хотир шуморо меписанданд. Аз 1 то 14 хол.  Шумо то дараљае бељуръатед. Шояд барои њамин аст, ки бо шумо дар муомила кардан эњтиёт мекунанд. Кўшиш кунед, ки мустаќилиятро ба даст гирифта, меъёрро риоя кунед. Бояд чунин кард, ки бељуръатии шумо аз чењраатон маълум нашавад, мустаќилтар шавед ва он гоњ ба худ боварї пайдо мекунед, зеро њамин чиз ба шумо намерасад. Барои ташаккул додани мустаќилї чунин амалњоро нисбат ба кўдакон анљом додан лозим аст: а) кўдаконро ба масъулиятшиносї одат кунонидан лозим аст; б) кўдаконро барои иљрои кор сафарбар намудан лозим аст; в) ба љои ў масъалањо (мисол ва вазифањои хонагї)-ро њал накунед; г) аз кўдакон иљрои сариваќтии корро талаб намоед; ѓ) серталабиро нисбат ба кўдакон дар њадди муайян нигоњ доред; д) беасос кўдакро сарзаниш накунед; е) кўдакро дар наздаш бо дигар кўдакон муќоиса нанамоед. Манбаъ: сомонаи Maktab.tj

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


КОШОНАИ МЕЊР

Шодї ШОКИРЗОДА

ДЎСТИ БЕЃАРАЗ ВА ИНСОНИ НЕКМАЗЊАР Бо донишманди фарњангшинос Ќањњори Расулиён соли 1991, замони дар њафтаномаи Бунёди кўдакони Тољикистон - “Умед” фаъолият карданам ошно шудем. Он замон ў дар Донишгоњи техникии Тољикистон фаъолият дошт ва чанд маводи пурарзиши аз хатти форсї баргардонкардаро барои нашр пешнињод намуд ва онњо дар зудтарин фурсат чоп шуданд. Бо мурури замон ў ба Ройзании фарњангии Сафорати Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон ба кор гузашт ва инљониб масъулияти маљаллаи “Адаб”ро, ки он ваќт нашрияи Вазорати маорифи кишвар буд, ба ўњда дошт. Дар њамин давра мањз тавассути Ќањњори Расулиён њамкории нашрияи мо бо ин нињоди фарњангии кишвари дўст оѓоз ёфт ва ба тадриљ вусъати тоза касб намуд. Нигорандаи ин сатрњо њар бор ки барои сўњбат бо масъулини ин даргоњ мерафт, аввал андешаву пешнињоди худро ба ин дўсти арљманду соњибэњтиром барои назарсанљї иброз медошт ва аз ў маслињат мепурсид, ки кадомеро гўяду ба кадоми он зарурате нест? Устод Ќањњори Расулиён бо сабру тањаммули бурдборонаи ба худ хос њарфамро то охир мешунид ва пасон бароям дар чанд љумлаи кўтоњ маслињати холисонаву оќилона, дўстона ва воќеї медод. Баъди сўњбат бо масъулини нињоди фарњангии кишвари дўст боз ба назди устод Расулиён омада, як навъ њисобот њам медодам, ки чї гуфтаму чї шунидам. Пасон устод инљонибро аз “мевањои инќилоби исломї” - китобу маљаллаву рўзномањои нави чопи Эрон ва Ройзании фарњангї дар шањри Душанбе бањраманд месохт. Ба гумонам, баъди сўњбати мо масъулини Ройзании фарњангї њам аз устод Ќањњори Расулиён дар мавриди ба роњ мондани њамкории мутаќобилан судманди дуљониба маслињат мепурсиданд. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Бо њамоњангсозии ў буд, ки дар давраи масъули Ройзани фарњангї будани љаноби Му­ њаммадалии Љаъфарї мо нашри замимаи маљалларо ба хати ниёгон тањти унвони “Ганљи адаб” ба роњ мондем, ки он ќариб ду сол идома ёфт. Дар замони сарвари ин нињоди фарњангї будани шоири шинохта ва фозили арљманд доктор Алии Мўсавии Гарморўдї мо озмунњои маќоланависиро ба муносибати 960-солагии њаким Умари Хайём, 1100-солагии Давлати Сомониён ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёї ташкил намудем, ки дар он олимони шинохтаи кишвар ширкат варзида, соњиби љоизањо шуданд ва дар амалї гардидани њамаи ин тарњњо наќши Ќањњори Расулиён шоистаи тањсин буд. Замоне ки Ќањрамони Сулаймонї ба сифати Ройзани фарњангї ба фаъолият оѓоз намуд, моро ба сўњбат даъват намуда, омодагиашро барои њамкорї изњор дошт. Чанд пешнињоди мо дар хусуси вусъати њамкорињои дуљониба аз љониби эшон пазируфта шуд, вале њељ кадом амалї нагардид. Чун Муњаммадњусайнамири Ардуш масъулияти сарпарастии Ройзани фарњангиро ба ўњда гирифт, боре ба ќабулаш рафтем ва ўро инсони наљиб, хоксор, ботањаммул ва шикастанафсу хайрхоњ дарёфтем. Пешнињодњои мо, минљумла, дар њамкорї бо донишмандони эронї тањия ва нашри як шумораи вежаи маљаллаи “Адаб” ба муносибати 670-солагии Низомии Ганљавї, сањмгузорї дар нашри “Девони ѓарбї - шарќї”-и адиби бузурги олмонї И.В.Гёте, ки аз љониби устоди Донишгоњи Шањид Бињиштии Тењрон Мањмуди Њаддодї ба форсї тарљума ва њамакнун ба тољикї баргардон шудааст, ихтисос додани маводи як шумораи маљалла ба адабиёти муосири Эронро бо хушнудї истиќбол кард ва омодагиашро барои амалї гардидани онњо изњор дошт ва 41


КОШОНАИ МЕЊР

таќозо намуд, ки ба унвони ў дар хусуси ин пешнињодњо дар алоњидагї нома нависем. Вале бароямон норўшан аст, ки чаро ў минбаъд ба номањои мо посухе надод ва илова бар ин ба зангњои телефониамон њам ба василаи кормандони ин даргоњ посухњои номуайян гирифтем. Чунин муносибати масъулини Ройзании фарњангии Сафорати Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистонро мушоњида карда, мегўям, ки яќинан агар дўсти мо Ќањњори Расулиён дар он даргоњ фаъолият мекард, дар муносибати фарњангии мо бо намояндагони кишвари дўст ин гуна сардиву нофањмињо рух намедоданд. Хушбахтона, ду тарњи аввали пешнињодшуда аллакай амалї гардиданд. Шумораи хосаи маљаллаи “Адаб” - “Вежаномаи њаким Низомии Ганљавї” дар њаљми 152 сањифа бо мундариљаи ѓанї ва сифати баланд чоп шуд, “Девони ѓарбї-шарќї”-ро нашриёти “Адиб” бо теъдоди муносиб ба нашр расонд. Дўсти мо марди ќавлу амал аст, ваъда намедињад, вале чун њарфе ба забон овард, бањри амалї гаштанаш мекўшад. Аз њамин боис, њамагон ўро дўст медоранду эњтиром мекунанд ва барњаќ ба накўї ном мебаранд. Нигорандаи ин сатрњо дар тўли умраш њамагї як маротиба ба хориљи кишвар - Љумњуриии Исломии Эрон рафта буд, сањењтараш, дар намоишгоњи байналмилалии китоби Тењрон (2006) ширкат дошт, ки он њам тавассути устод Ќањњори Расулиён амалї гардид. Мавсуф њанўз аз давраи тањсил дар мактаби миёна бо бўи рўзнома ошност ва аз њамон айём баробари хониши хубу аъло бо нашрияњои бачагона њамкорї мекард. Дар соли 1971 аввалин нигоштааш бо номи “Ба ќадри китоб бояд расид” дар рўзномаи “Пионери Тољикистон” чоп шуд, ки он гоми аввалин, вале устувори ў дар фаъолияти рўзноманигорї буд. Ў соли 1971 пас аз хатми мактаби миёна ба Омўзишгоњи омўзгории шањри Кўлоб шомил гардид ва пас аз хатми он ба њайси муаллими синфњои ибтидої фаъолияти худро дар мактаби дењааш идома дод. Бо тавсияи њамкорон ў барои идомаи тањсил ба пойтахти Тољикистон - шањри Душанбе омад ва ба факултаи таърихи Донишгоњи Тољикистон (он замон УДТ ба номи В.И.Ленин) шомил гардид. Дар солњои донишљўї бо нашрияи донишгоњии 42

“Ба ќуллањои дониш” њамкорї дошт ва пасон бо дигар рўзномаву маљаллањо низ робитаи хуби эљодї пайдо кард ва нигоштањояш мунтазам чоп мешуданд. Баъди адои тањсили намунавї соли 1977 ўро ба сифати омўзгори таърих ба ихтиёри Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Кўлоб гузарониданд. Пасон муддате дар Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Ќўрѓонтеппа фаъолият намуд, вале боз ба шањри љавониву умеди худ - Душанбе баргашт ва фаъолияти минбаъдаи ў ба њайси устоди фанни таърих дар Донишгоњи техникии Тољикистон, муњаррири шўъбаи адабїдрамавии телевизиони Тољикистон идома ёфт. Тайи солњои 1980-1981 ба сифати тарљумон дар кишвари њамсояи Афѓонистон хидмат намуда, баъди бозгашт ба Ватан кори худро дар ин љода идома дод. Муаррих ва рўзноманигори варзида Ќањњори Расулиён барњаќ, умри азизи хешро сарфи хидмат ва фарњангу адаби кишвар намудааст. Дар давраи бисёр мураккаби сиёсиву иќтисодии кишвар - соли 1992, ки мардум дар ѓами обу нон буданд, ў даст ба кори пањлавонї зад ва дар мавзўи “Равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои соњили Ќафќоз” рисолаи илмиашро њимоя намуд ва соњиби дараљаи илмии номзади илми таърих гардид. Соли 1993 ўро барои фаъолият ба Ройзании фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон даъват карданд ва дар ин боргоњи илму фарњанг беш аз 15 сол фаъолияти пурсамар дошт. Дар ин давра ў њамзамон дар факултаи таърихи Донишгоњи миллии Тољикистон ба шогирдон дарс мегуфт. Соли 2010 Ќањњори Расулиён дар мавзўи “Таърихи фарњанги халќи тољик дар чањоряки аввали асри ХХ” рисолаи илмї њимоя карда, ба дарёфти дараљаи олии илмї - доктори илми таърих мушарраф гардид. Ў муаллифи китобњои “Тољикистон” (чандин бор чоп шудааст), «Покистон» (1997), «Таърихи мухтасари Инќилоби исломии Эрон» (1998), «Бист соли инќилоб» (1999), «Аз «Бухорои шариф» то «Иди тољик» (2003), «Нигоње ба равобити фарњангии Эрон ва Тољикистон» (2004), «Ду њазор соли таърихнигории эрониён (тољикон)» (2005), «Эрон» (2006), «Низоми маориф дар Љумњурии Исломии Эрон» (2007), «Кишварњои «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


КОШОНАИ МЕЊР

љањон» (2009), «Таърихи муосири кишварњои Осиё ва Африќо» (2009), «Маориф ва матбуоти тољик дар ибтидои ХХ» (2009), «Таърих матбуоти форсї-тољикї» (китоби I) (2011), «Таърих матбуоти форсї-тољикї» (китоби II) (2012), китобњои дарсии “Таърихи умумї” барои синфи Х (дар њаммуаллифї, 2004) ва “Таърихи умумї” барои синфи Х1 (дар њаммуаллифї, 2007) мебошад. Ќобили зикр аст, ки асари “Таърихи матбуоти форсї-тољикї”-и (иборат аз ду китоб)-и ў чун бењтарин асари илмїтањќиќї ва таълимї дар соњаи журналистика ба дарёфти љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи Лоњутї дар соли 2012 мушарраф гардид. Аз китобномаи шарњињолии ў муайян гардид, ки то кунун беш аз 500 нигоштааш дар сањифањои матбуоти кишвар ва мамолики хориљї рўи чопро дидаанд. Алъон ў сарва-

рии факултаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистонро ба ўњда дорад ва ту­ файли одамияту на­ љобати инфиродиаш дар байни донишљўён ва устодони ин маскани асосии омодасозии рўзноманигорони њирфаї эњтирому эътибори вежа касб намудааст. Дар арафаи таљлили иди Наврўзи имсола дўсти арљманд ва устоди некмазњар Ќањњори Расулиён шастсола шуд. Ин санаи фархундаро барояш бо самимитарин орзуњо тањният гуфта, барояш хонаободї, сарбаландї, саодату шодмонї мехоњем. Хонаат пури гандум бод!

К-он гурўње, ки рањиданд аз вуљуд, Чархи мењру моњашон орад суљуд. Мавлоно Љалолуддини Балхї

Обиди ШАКУРЗОДА, рўзноманигор

ЌОФИЛАЕ ДАР БОДИЯИ МАЪРИФАТ Дар чињил соли пеш мо ин гуна мактабу омўзгор доштем 1. Подшоњї Дар як субњи гармои то­ бис­т он мо бачањои панљшаш­соларо садои шоди шайпур аз хоб бедор ва љалби хеш кард. Шайпур навид аз мав­сими нави хониш медод. Он замон муњољиркунонии мо, масчоњиён, аз диёри ња­ зор­солаи хеш ба дашти урёну беоби Дилварзин бо бе­ рањмии тамом идома дошт. Дашт монанди як аљузаи фар­тути ѓунудае буд ва бинои љисмашро уштурхорњои зањиру зањобњои тираи най­ пўш вањмангезтар мекард; ин регистони хорбистар аср­ њо љавлонгањи њар навъ ња­ шароту мушу мору ѓуку ѓун­

дањо буд. Мардумро хонахез ба ин сањрои мањиб кўчонда буданд, бидуни он ки роње, љўю љоње омода бошад. Гў­ ристон аз марги њаррўзаи ин муњољирони бадбахт, алалхусус кўдакон «ободтар» мешуду дењистон на. Гурўње аз бими офтоби беамони бодия ва аз вањшати «сокинон»-и музирраш ночор аз сангу кулўх девор бардошта, рўи онро хаспўш карда, ба таъбире барои худ сарпоноњ месохтанд, ё дигарњои дасткутањ заминро як-ду оринљ мекофтанду болои онро бо лойу най андова мекарданд, ки мешуд манзили зисти як инсон... Наврасон, ки њамеша ѓарќа дар дунёи ваљду нишоти хе-

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

шанд, бепарво аз ин зулму заљри айём, саргарм ба айши бачагии хеш буданд ва аз садои шайпур сало мегирифтанд – салои хониш, сало ба мактаб. Ва њама ба љониби шайпурї мешитофтанд. Мо низ, чанд ёри кўдакї, ки ба љуз дар кўлмакњо оббозию рўи регу гил хокбозї саргармие надоштем, њамнаво бо ин њангомаи нишот шудем. Дар маркази мањаллаи бузург, ки се колхозро муттањид мекард, бинои барњавое бо сабки финї сохта шуда буд ва љамъияте анбўњ аз шумори љавонони њозир сафорої дошт. Мо тамошобин будем ва ногоњ марде чолок бо лутфу мењрбонии саршор, назди мо 43


КОШОНАИ МЕЊР

омад бо салом. Бо њар кадоме аз мо дастдарёб кард ва гуфт: – Шумо бачањои колхози Орљоникидзе? Бо ман биёед! Устод моро ба синфхонае бурд, ки њанўз бўйи рангу оњак медод ва њар яки моро ному насаб пурсид. Мо, ки аз ин илтифот рўњ гирифта будем, озодона ба устод сўњбат кардем. Устод низ дар фарљом худро муаррифї намуд: -Ман, муаллими шумо, Ѓуфронов Подшоњї... Нахустин дидору дарси мо бо муаллим њамин гуна хотирнишин буд. Баъдан, азбаски сохтмони мактаб нотамом буд ва синфхона камї мекард. Моро аз бинои марказї ба љои дур интиќол доданд; барои мо њуљрае аз бинои идораи колхози Орљоникидзе људо шуд. Шурўъи дарс аз зуњр буд ва таќрибан њама њамсинфон як соат-ним соат пештар аз замони муќаррар ба мактаб њозир мешудем, ба хотири истиќболи устод. Муаллими мо аз мањалли дигар меомад ва мо сарљамъ рањпої мекардем ва њамин ки эшон аз дур намудор мешуд. чун селаи парандагон сўи устод болафшон мешудему дар гирдаш хирман мезадем ва шодон то синфхона меомадем. Аз ин истиќболи мо нозирони атроф тааљљубу тањсин мекарданд. Ба устоди мо мардуми дењ бо адабу самимияти тамом ањвол мепурсид ва аз ин мо болидарўњтар мешудем. Устод Подшоњї чун њамаро дар љои худ меёфтанд, тибќи одат шогирдонро барои тозагии синф тањсину ташвиќ мекарданд. Баъд он чї ки мо интизораш будем, шурўъ мешуд: 44

– Бачањо, имрўз њам дар њар ду кисаам фаќат бањои чору панљ аст, дар сумкаам мукофотњо. Канї, сар кардем! Кї ба дарс тайёр? Ва њар ки хубтар бањо мегирифт, љоизаи хубтар дарёфт мекард. Мо дар баробари бањои хуб, аз устод боз дафтарњои нав, ќаламњои ранга, хаткашаку хатпоккунак ва агар касе китоби дарсї надошт, њатто китоби дарсї љоиза мегирифтем. Ин љоизањоро устод аз њазинаи худ, ба хотири шавќмандии мо харид мекард. Муаллим Подшоњї дар муносибат бо мо он гуна зубда ва самимї буд, ки њар яке аз мо мепиндошт, ки устод аз њама беш ўро дўст дорад. Сояи њумоие дошт устод бар сари мо. Боре, аз њамсинфон Мирзо­ ањмад чанд рўз ба дарс наёмад, чўпонї рафт. Ман ва Абдумалик муваззаф шудем, ки сањро равем ва ўро боз орем. Аммо рафтанњо натиља надод. Баъд, рўзе дар фарљоми дарс бо устод ба хонаи «дарсгурез» омадем. Муаллими мењрбони мо бо калонњои хона ањволпурсї карду гуфт, ки њайф аст, Мирзоањмад бо он зењну дониши хуб аз дарс монад, вай на танњо фарзанди ин хона, балки фарзанди њамаи диёр аст, диёр ба ин гуна њушмандњо ниёз дорад... Сухани муаллим беасар намонд. Мирзоањмад ба дарс омад ва саранљом Донишгоњи давлатии Тољикистонро ба сар кард... Мањфили шоди мо бо устод Подшоњї то синфи се давом кард. Сипас ин зањматро устод Муллоидї Ниёзов то синфи

дањ кашид, устоди сартопо наљобату донишу тамкин. Агарчи мактабро ба поён расонидем, аммо нашъаи сўњбатњои устод Подшоњї аз димоѓамон дур намешуд ва њар таътили даврони донишљўї устодро зиёрат мекардем. Устод бо њамон нектинатии вежа маро фарзандвор ба оѓўш мекашид ва ифтихор дошт, ки шогирди пойлучу беќарори дирўзааш њоло донишљў шудааст. Ва ман аз њама беш мафтуни чењраи ќудсии нурбору фарањшораш мешудам. То он даме, ки рўзе дар китобхонаи Фирдавсї рўзномаи ноњия – «Машъал»-ро вараќ мезадам, ки ногоњ дар сафњае чашмам ба ин сатрњои сиёњ афтод: «Омўзгорони мактаби миёнаи чањор аз марги нобањангоми устод Ѓуфронов Подшоњї сахт андўњгинанд». Худоё, ин хоб аст ё бедорї, ки муаллими мо чењра ба хок кашидаву акнун ўро дигар набинем?! Ёд бод он, ки зи мо ваќти сафар ёд накард, Ба видоъе дили ѓамдидаи мо шод накард... 2. Дар донишгоњи бузург Пас аз гузашти беш аз чи­њил сол њоло дарк мекунам, ки мо на дар мактаби муќаррарии миёна, балки дар як донишгоњи бузург, дар миёни устодоне фарњехта, фарзона ва олињиммат таълим мегирифтаем. Устодони мо аксари кулл тањсилкарда дар донишгоњњои олї буданд ва онњо муносиби номи ифтихорманди соњибмаълумот аз хеш заковати олї, зоњиру ботини

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


КОШОНАИ МЕЊР

озода ва самимияту хоксории тамом намоиш медоданд. Мактаби чањор аз таъ­лим­ гоњњои нахустини Масчоњи нав ва дар васати се колхоз ягона буд. Љумла наврасони ин се колхози муштамил аз ёздањ дењкадаи хурду бузург дар ин дабистон њосил аз илм мебардоштанд. Мактаб аз муњташамманзилњои он даврони шўрои дењот буд, бо ин вуљуд тавони гунљоиши мукаммали љавонони дењро, ончунон ки мебоист, надошт. Аз ин рў дар њар ѓурфаи таълимї аз сї то чилучанд шогирд сабаќ мегирифт. Аммо ин як боргоњи дониши сода набуд; љилвазори маърифате буд, ки як даста устодони ѓамхору бедордил ба чорбоѓи муќаддаси донишписанд табдил дода буданд. Дастаи муназзам, иродатманд ва якмаром, ки гўиё дар як дег љўшида бошанд. Ман рўзе нест, ки азизтарин касони хеш – падар ва модари худро, ки рањмати поки Эзид бар равони покашон, ёд накунам. Аммо устодонамро низ, ки бархе аз онњо аз ин љањони фонї ба рањмати эзидї пайвастаанд, њамчун азизтарин каси хеш мудом ёд мекунам. Аз Худои бузург барояшон омурзишу эминї таманно мекунам. Њоло аз пайи ин зикри љамил намуна аз шоистакорињои устодон меоварам. Мо панљ-шаш соат дарс мехондем, аммо соатњои дигарро бо ёд ва интизори дарси нав мегузарондем. Зеро мактаб ва устодон низ моро интизор буданд. Сайидикром Сайидов, љонишини директор, муаллими адабиёти мо яке аз ин родмардон буд. Дарси устод Сайиди-

кром аз он сар мешуд, ки њар яки мо барои муаллим шеъри њифзкарда на кам аз чањор мисраъ мехондем. Устод Сайидикром дар дили мо мењри китоб мепарварид, туфайли устод ба китобхонаи мактаб роњ ёфтем ва инчунин ў худ барои мо адабиёти мухталиф меовард, то фориѓ аз дарсњо бихонем. Дар дарси устод мо њамеша ба сабќат тайёр мешудем, сабќати шеър, фасењ ва шевову зебо наќл кардан, иншои ѓайримуќаррар навиштан, навиштани нома, ёддошт ва њикоя, машќи шеър ва амсоли ин. «Адаб чист?» - мегуфтанд устод. «Адаб он аст, ки беадаб набошем. Аммо беадабї чист? Беадабї – аз китоб дур будан ва нахондан!». Устод Сайидикром мо, саргаштањои навпои дарёи донишро дар ин бањри бекарони бузургї бо чунин сабки содаву бузургворона нохудої мекард. Агар ман дар риштаи адабиёти донишгоњ тањсил кардаам ва агар ошнои роњи ќаламкашї шудаам, аз шогирдии ин устоди наљиб ва аз пайравї ба кору пайкори ў андар хами кўчае расидаам... Устод Ќосимшоњ Иноятов, муовини директор дар њамон айём яке аз чењрањои шохис, фарди пуркор ва соњибзавќу пур аз нерў ва дар мактабу мањал мањбуб. Ба гумонам, устод Иноятов тамоми шогирдони мактабро мешинохт ва дўст медошт, ки аз њар яке ањвол пурсад. Устод кўњи тамкин буд, њеч гоњ намедидем, ки эшон хаста ё озурда ва ё асабонї бошад. Њар њафта рўзи душанбе, ваќте пеш аз оѓози дарс саф мекашидем, муаллим дар даст лавњаи

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

мураббаъи арѓувонї, бо навиштаи «Барои хониши хубу аъло» дар баробари мактабиён њозир шуда, ба таъбире њафтаро «натиљагирї» мекард. Дар миёни њозирин шогирдони мумтоз тањсин мешуданд, ба номумтозон низ гилаорої мешуд, албатта, бо зарофату нармї. Ин низ аз ёди ман нарафтааст, ки дар аксар маврид устод Иноятов лавњаљоизаро ба синфи шаши «Г», ки банда муњассили он будам, таќдим медошт. «Синфи шаши «Г», аз сивуду нафар 17 нафар «аълохон»! Офарин номбардорони мактаб!». Пас аз тањсини устод њама кафкўбї мекардем. Муаллим Иноятов бо ву­ људи пуркорї мањфили «адабиётшинос» таъсис дода буд ва як газетаи деворї бо њамин унвон бо зањамоти он кас мо­ њона табъ мешуд. Ва ду соате, ки дар ин мањфил, дар сўњбати муаллим тай мешуд, сабаќи солеро дошт. Зимнан, дар мактаб чандин мањфили илмиву њунариву варзишї бо равнаќи тамом пешрав буд… 3. Муаллими бад Албатта, ин гуна унвон гу­зоштан камоли адабу инсоф нест. Зеро устод њароина устод аст ва арљ гузоштани мартабаву зањамоти он вољиб. Аммо дар ин њолат чї метавон гуфт, ки масалан, мо бачагони дањ-дувоздањсола дар кўча саргарми бозї бошем ва бинем, ки ногањ аз устодон се нафар пайдо шуданд. Ёрбози мо Зикруллоњ аз дидани онњо шод мешавад ва ба истиќбол меравад. Ў ифтихормандона ба устоди адабиёт майли дастдарёб мекунад. Устод дастњо 45


КОШОНАИ МЕЊР

сўи пушт бо тамасхур мегўяд: «Чиро ман ба ту салом мекардаам?...». Ё устоди дигар, ки худ обро намедонад, барои надонистани формулаи об Камоли наврасро лагадкорї мекард, бо мўзањои сурхи сарњангї. Аљабо, њайвон ба фарзанд зўру хашм намоиш надињад. Аммо чаро инсон, он њам омўзгор, мояи тањќиру нафрати тифли бемаљоли мўњтољ ба омўзишу парвариш шавад?! Устод бояд шоиста ба номи хеш рафтор кунад! Гўшзади мо имрўзиёнрост, ки њар коре, ё ибтикоре дар хотирањо наќш хоњад баст. Бењтар аст, ба ќавли Њаким Фирдавсї, бикўшем, некї ба бор оварем! Аз ин рў перомуни ин мавзўъ лаб фурў бастан бењ. Ва хатти сайри мактаби чањорро давом дињам бо тасњењи унвон. 4. Хуршеддилон Чунин тавсиф бардошти мунњасир ба фарди банда нест, дањњову садњо дўстони њаммактабамро медонам, ки устодони мактаби чањори солњои шасти ќарни гузаштаро дар бузургвориву мењрубонї гармтару равшантар аз хуршед мешуморанд. Устодони мо, гумонам истироњату таътил надоштанд, ки њар гоње гурўњ-гурўњ дар њар гузару мањал пайдо мешуданд, то аз рўзгори берун аз дарси шогирдон воќиф бошанд, бо волидайни онњо мулоќот ороянд ё ки ба шароити хониши онон дар манозил ошно бишаванд. Нашъаи нишоте, ки аз дидор бо устод Маликмирзо Неъматов мебардоштем, то кунун аз

46

димоѓам нарафтааст. Устод њам муаллими љуѓрофия буданд ва њам пионервожат. Моро бародарвор канор мегирифтанд ва бо љиддияту эътимоду эътиќод њамроњамон машваратњои корї меоростанд. Дидори пионервожатийи мўњтарам равзанае буд, ки ба рўи мо олами њунарњои зебо ва аз њама муњим, дебочаи инсониятро дар кору кирдори он кас боз мекард. Њамдењаи мо Мирзо Бобокалонов, ки дар синфи нўњ мехонд, дар олимпиадаи фи­з икони љумњурї медали нуќра касб кард. Мактаб аз ин комёбї љашн дошт. Инак, устод Муллодороб Туробов вориди синфи мо мешавад. Марди тањамтану босалобат, чењрааш аз суруру ифтихор мисли ёќут дурахшон ва мегўяд: «Офарин, ба бачањои колхози Орљоникидзе. Медали тиллои мактабро њам шумо хоњед овард». Дасти њар яки мо кўдакони дувоздањсоларо мефишурду табрик мекард... Ќиссањои ирфонии мактаби чањор бешуморанд, аммо чањорчўбаи мањдуди маљалла имкони тафсилоти бешро намедињад. Бояд достоне бо оби зар навишт, ки корномаи муаллимони шањири мактабро дар раъси устод Абдурауф Ѓуфронов, ки њамчун директори матину коро ин гуна дастаи муназзаму фидоиеро такмил карда буд, гунљоиш дињад. Бояд устодони хуршеддилеро чун Њомидов Олимбек, Сафаров Муллотуйчї, Љўраев Акбархоља, Муродов Насриддин, Соњибова Ќудратмоњ, Диёрова Пахтамоњ, муалли-

ма Шоњодиева, Нўъмонова Садафмоњ, Бадиев Маликсаид, Њафизов Нуриддин, Ри­ зоев Мирзошариф, Иноятов Додобой, Шарифов Муњам­ мадназар, Саидов Устоњалим, Аминов Рањим, Маљидов Абдуњамид ва дигарону дигарон, ки гўиё кор не, балки умри гаронмояи худро нисори омўзиши фарзандони диёр мекарданд, чењракушої кунад. Инњо дар як бодияе, ки туфайли ќадами неки инсон рў ба бањори ободї менињод, бо пайкори ќањрамонона ќофилаеро бо мањмилњои дониш ба роњ бароварданд, ки мусофирони он аз бузургтарин донишгоњњои Тољикистон то донишгоњњои номдори Тошканду Маскаву Киеву Ленинград уќдаи илм боз карданд. Шогирдони онњо то пиллаи академикї боло рафтанд, вазиру њокими шањристону шањрњо шуданд, табибу муњандису зореъу муњаќќиќ гаштанд, дар нињодњои ќудративу интизомї ба мартабањои боло расиданд. Мактаби чањори солњои шаст (то замоне, ки дар се колхоз ягона буд) шояд наздики њазор шогирди мумтозе ба камол расонид, ки донишгоњњои номдори Ватанро дар риштањои гуногун сарафарозона хатм карданд. Муњол аст ин гуна ифтихорофаринии ин дурдонаи биёбон чандсолањои наздик такрор шавад. Барои чунин корнома муњаббат ба касб кам аст, бояд дардошнои мардум, ошиќи сарсахти Ватан ва парчамдори орияту ифтихороти миллї шуд, ки устодони мактаби чањор чунин буданд.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


КОШОНАИ МЕЊР

Абдувосеъ ЊАФИЗОВ, љонишини директории мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 45, шањраки Ревади ноњияи Айнї

Шамъ агар хомўш гардад… Устод набошад, ту чї донї суханаш чї? Устод набошад, ту чї донї раќамаш чї? Устод набошад, ту чї донї ќаламаш чї? Дар ќайди њаёт омадану зистанаш чї? Офарид­ г о ­р и о л а м бис­­ёр муъ­љи­ зањо офарида ва Офтоб яке аз бењтарин офаридањои офаридагор аст. Офтоб њасту осмон, офтоб њасту кайњон. Офтоб њасту рўшної, ки ќалби њамагонро фаро гирифта. Офтоб њаст, ки оламро гармиву рўшанї мебахшад. Офтоб њасту набототу њайвонот. Мо офтобро хуршед, шамс, хур ва мењр номида, парастиш менамоем. Аз афроди заминї оё метавон касеро ба офтоб шабењ дод? Бе ягон андеша метавон гуфт, ки ин шахс танњо муаллим метавонад буд. Муаллим чун офтоб ба дили кўчак ва беолоиши кўдак рўшної бахшида, бо гармии мењру муњаббат дар замири ў донањои умед кишт менамояд. Њамаи инсонњо пас аз тифлї ва даст аз домони бињиштосои модар гирифтан бо як љањон орзуву умед даст ба домони омўзгор – муаллим мезананд. Бо умеди дар пайроњаи беканори њаёт роњи дуруст ва ростро интихоб намудан, аз панди устодон, аз насињати омўзгороне, ки чароѓи илму ирфонро дар ќалбњои кўчак фурўзон мекунанд, онњоро ба роњи дурусти њаёт њидоят менамоянд, солњои тўлонї дар ќалбњо маъво мегирад ва номи неки онњо њамеша дар замири дилњо љойгир аст. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Аз ќабили чунин устодон Мирзошохрух Шамсиев буд, ки зиндагиномааш мояи ифтихори мо - шогирдон аст. Агар толеъ баландї кунад, дар зиндагї бо шахсиятњои наљиб ва мушфиќу ѓамхор њамаќида шуда, аз донишу заковаташон бањраманд мегардї. Ашхоси равшанзамиру поквиљдон ва накўкор бо кору пиндори инсонгароёнаи худ ќарнњо дар дили мардум маскан гирифтаву мегиранд ва умри абад мебинанд. Устод Мирзошоњрух Шамсиев ба ќалби мардуми дењаи Ревад бо хизматњои арзандааш абадї љой гирифтааст. Устод дар давоми фаъолияташ дар мактаб њаррўза аз њама бурду бохти омўзгорону хонандагон бохабар шуда, ба онњо маслињатњои муфид медод ва дастгиру дуогўяшон буд. Имрўзњо дар њар хонадон дар сўњбати омўзгорон, коргарону дењќонон бо як муњаббат номи устодро ба забон мегиранду ёди некаш мекунанд ва мегўянд, ки «Мо шукр менамоем, ки устод Мирзошоњрух Шамсиев ба мо на танњо дониш, балки дарси зиндагї ва одамдўстї омўзонд». Яке оид ба корњои неки ин шахс сухан кунад, дигаре дар бораи наќлњои хуби ин мард њарф мезанад. Дар њар куљо таъкидњои устод Шамсиевро ба ёд оварда, онњоро такрор мекунанд. Ваќте ин гуфтугўњоро мешунавї, афсўсхўрињои одамонро мефањмї, хаёл мекунї, ки љавоне аз дунё рафта бошад… Ин љо бамаврид аст, ки аз зиндагиномаи устоди равоншод Мирзошоњрух Шамсиев ба таври фишурда ёдовар шавем. Соли 1932 дар 47


КОШОНАИ МЕЊР

дењаи Ревади љамоати Урметан дар оилаи марди дењќон таваллуд шудааст. Аз моњи феврали соли 1958 то дами вопасини умраш аъзои њизби коммунист буд. Соли 1951 ба омўзишгоњи педагогии шањри Панљакент дохил шуда, онро бо ихтисоси омўзгори синфњои ибтидої хатм намуд. Соли 1959 ба Донишкадаи давлати омўзгории ба Кирови шањри Ленинобод (алъон ДДХ номи академик Бобољон Ѓафуров) њуљљат супорида, донишљў гардид ва соли 1964 бо ихтисоси муаллими таърихи мактаби миёна соњиби диплом шуд. Мирзошоњрух Шамсиев фаъолияти мењнаташро аз моњи августи соли 1952 то октябри соли 1954 дар мактаби ибтидоии ба номи Дмитрови собиќ ноњияи Колхозчиён, дар дењаи Дашти Ќозї оѓоз мекунад. Аз октябри соли 1954 то августи 1957 дар шањри Днепропетровски Русия дар сафи Ќуввањои мусаллањи ИЉШС адои хизмат намуд. Аз моњи январи соли 1958 то августи соли 1964 омўзгори мактаби њаштсолаи ба номи Тимошенкои дењаи Ревади ноњияи Айнї, аз моњи августи соли 1964 то сентябри соли 1967 муовини директори њамин мактаб ва аз сентябри соли 1967 то моњи августи 1982 директори мактаби номбурда, сипас боз омўзгори фанни таърих, баъди ба нафаќа баромадан љонишини раиси хољагии ба номи Бобољон Ѓафуров буд. Замоне ки устод Мирзошоњрух Шамсиев сарварии дабистони рустои Ревадро ба ўњда гирифт, бинои мактаб дар гузари Мадињо ва саршавии гузари Обидиён воќеъ буд. Девори бино бо хишти хом бардошта шуда, бо хок андова гардида, фарши хокї дошт ва дар зимистон бо бухорї гарм мегардид. Баъди як соли директорї ду синфхонаи нав ва њуљраи директор бо тарзи замонавї дар сањни бинои мактаб ќомат афрохт. Барои толибилмон ин ду бинои навсохт бо деворњои сап-сафед ва фарши тахтагини рангкарда басо аљиб метофт. Њамаи хонандагони мактаб орзу мекарданд, ки доимо дар чунин синфхонањои тозаву озода, равшан ва барњаво дарс хонанд. Ин орзуи хонандагони соли 1970 амалї гардид. Ин тўњфа ба толибилмони ревадї боиси хурсандї ва нишот буд. Чунки дар 48

мактаби нав, дар синфхонањои барњаво ва равшан дарс хондан шавќу завќи касро меовард. Дар рўзи кушодашавии бинои нави мактаб дар рўи њавлии он љамъомади тантанавї баргузор гардид. Сарвари мактаб Мирзошоњрух Шамсиев љамъомадро кушода, ба сохтмончиён арзи сипос кард ва хонандагонро даъват намуд, ки дар љавоби ин ѓамхорињо бояд бо бањои хубу аъло хонанд. Даъватњои шўълавари устод Шамсиев, ки басо ровии оташинсухан буд, гўё то имрўз моро ба сўи илму дониш, некиву накўкорї, ободиву созандагї даъват менамоянд. Дар њаќиќат фарди солимаќл, медонад, ки ўро рисолат зиндагисозї аст. Барои њамин пайваста мекўшад, ки ба дараљаи камоли инсонї расад. Файласуфи бузург Арасту мегўяд, ки њаёти одам ин фаъолияти ў мебошад. Вазифаи шахс дар сурати оќилона фаъолият кардан зоњир мегардад. Вай ќайд мекунад, ки дар љамъият некї ва бадї вуљуд дорад. Аз ин љињат, ормони асосии шахс њаёти пурмазмун гузаронидан аст ва барои инсон ин хушбахтист. Амалњои неку њасанаи ин шахси бузург, ки имрўз аз ў боќї мондаанд, гувоњи онанд, ки дар њаќиќат устод њаёти худро пурмаънї гузаронида ва яке аз инсонњои хушбахт будааст. Наќли мардумро мешунавї, корњои кардаашро ба ёд меориву мефањмї, ки устод ба олами дил расида буд. Ў зиёда аз бист сол сарвари мактаб буд ва аз љињати таълиму тарбия онро чун яке аз бењтарин мактабњо дар миќёси ноњия нигоњ дошт. Имрўз шогирдони зиёдаш дар соњањои гуногун бо унвонњои баланд бањри ободии кишвар хизмат мекунанд, ки ин нишонаи бењтарини зањматњои устод мебошад. То дами вопасин ин шахс аз шогирдони бовафояш, ки дар гўшаву канори мухталифи кишварамон парчамбардори илму њунару адабанд, ифтихор мекард. Имрўз бошад, шогирдон бо некї ёди устоди бузургвори худ мекунанд. Ана њамин аст меваи зањмат ва аз ин хубтару ширинтар мевае, ба фикрам, вуљуд надорад. Ман худ замонеро ёд дорам, ки мардуми мањаллаи Нова, ки зиёда 280 хољагиро «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


КОШОНАИ МЕЊР

ташкил медињанд, дар фаслњои бањору зимистон ќариб роњи рафтуомад ба маркази дењаро надоштанд. Њамин мушкили мардумро дарк карда, ин шахси наљиб дари чандин корхонањоро кўфта, дар њамон давраи хеле њассос пули одамгузарро бо тариќи њашар сохта, ба истифода дод, ки дар њамон солњо на њар кас аз ўњдаи чунин кор баромада метавонист. Маро он замон, яъне давраи сохтмони пул ба ёд меояд ва наќлњои устод оид ба сохтмони иншоотњои бузург, хусусан имрўза роњи Панљакент – Душанбе тавассути аѓбаи Анзоб, ки чї гуна бо даст канда шудааст, пеши назар љилвагар мешаванд. Аз Испенаву Беди Ѓав овардани дарзањои љаву гандум, кўфтани хирман, то маркази ноњия бурдани шартнома… Пиёда аз дења то ба маркази ноњия рафтани худу чанд тан аз њамсолон, ки барои хизмати Модар-Ватан даъват шуда буданд. Боз буданд наќлњои дигар, ки дар дили мардум њисси ватандўстиву мењнатпарастиро бедор мекарду ононро ба ободкорї њидоят менамуд. Њама ин наќлњоро шунида, мардум бо ќувваи дучанд мењнат мекарданд. Ба устод саволњо медоданд. Вай бо лабханди аљиби ба худ хос ба саволњо љавоб медоду њикояњои таърихиро, ки башарият тайи солњои тўлонї паси сар кардааст, наќл менамуд. Ана њамин тавр, дар муддати кўтоњ сохтмони купрўк ба

итмом расида, мавриди истифодаи мардум ќарор гирифт. Чанде пеш аз болои пул мегузаштем ва яке аз мўйсафедони дења, ки зиёда аз њаштод сол дошт, гуфт: -Ёд доред, барои сохтмони ин пул Мирзошоњрух чї ќадар азобњо кашида буд. Дар саховат кўш, гар дорї ѓано, То физояд обрўят аз сахо. Он ки ў бар халќ бахшояд њаме, Обрўяш, бешак, афзояд њаме. Моњи декабри соли 2009 шунидем, ки бемор шудааст ва чанд тан якљоя ба аёдаташ рафтем. Дидем, ки рўи њавлї ва даруни хона пур аз одам аст ва ќариб њама ањли дењ ба аёдат омадаанд. Пас аз чанд даќиќа фурсат даст дод ва мо низ ба назди устод даромадем. Ў бемор буд, лекин дар њамон лањза њам бо овози канда-канда мардумро насињат намуда, мегуфт: «Баорият бошед! Ватанро дўcт доред! Барои гулгулшукуфии Ватан камари њиммат бандед!». Мардум аз назди ў мебаромаданду мегиристанд. Ин лањзањоро дида сухани Саъдии бузургвор ёдам омад, ки фармуда: Њар кї фарёдраси рўзи мусибат хоњад, Гў, дар айёми саломат ба љавонмардї кўш. Афсўс, ки ин охирин дидори мо бо устод буд. Рўњаш шоду хонаи охираташ обод бошад!

НИГОЊИ НАВ БА АНЪАНАЊОИ ДЕРИН Бо ибтикори ташкилоти љамъиятии «Маркази омўзиш, тањќиќ, тарљума ва нашри адабиёти љањон» китоби нави номзади илми филогия Гулмурод Неъматов тањти унвони «Суннатњои мањаллии яѓнобиёни болооби Варзоб» тавассути нашриёти «Ирфон» ба нашр расид. Китоби мазкур аз муќаддима, бахшњои «Маросими љашни арўсї», «Хатнасур», «Номгузорї», «Наврўзи яѓнобиёни болооби Варзоб», «Истилоњоти чорводорї ва суннатњои он» ва хулоса иборат аст. Муњаррири масъули китоб Шодї Шокирзода таъкид намуд, ки Гулмурод Неъматов беш аз чил сол боз дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №11-и дењаи Зуманди ноњияи Варзоб ба њайси муаллими синфњои ибтидої фаъолият менамояд. Ў соли 1998 тањти роњбарии доктори илми филология, профессор Д.Карамшоев дар мавзўи «Лексикаи чорводорї дар забони яѓнобї» рисолаи илмиашро њимоя намуд ва аввалин номзади илми филология аз байни яѓнобиён мањсуб мешавад. Номбурда муаллифи китоби «Яѓноби зивоки алифбо» («Алифбои забони яѓнобї». -Душанбе, 2004), силсилаи маќолањои илмию методї ва яке аз муаллифони фаъоли нашрияњои педагогї мебошад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

49


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

Сафаралї АФЃОНОВ, омўзгори забон ва адабиёти тољики литсейи президентї, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон

ТЕСТ – ШАКЛИ ДИГАРИ САНЉИШИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН Дар солњои охир дар натиљаи инкишофу пешрафти илму фарњанг ва техника мактабњои олї, гимназияю литсейњо ва мактабњои миёнаи тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ба истифодаи компютерњои замонавї ва шакли дигари санљиши дониши хонандагон, яъне тест машѓул мешаванд, ки њамаи ин талаби давру замон ва љунбише дар таълим аст. Муддати чандин сол аст, ки барои мактабњои миёна, литсейю гимназияњо ва мактабњои олї мувофиќи барномаи таълимї ва синну соли хонандагон тестњои хубе аз љониби омўзгорон тартиб дода, рўйи кор меоянд, ки ба манфиати кор аст. Дар солњои пеш, яъне то солњои 2009 дар литсейю гимназияњо дар њар як чоряк аз љониби маъмурият корњои санљишї – маъмурї гирифта мешуд ва тафтишу бањогузорию натиљагирї карда мешуд, ки аз тафтишгарон – омўзгорон ваќти зиёдеро талаб мекард, њарчанд ки он як шакли санљиши дониши хонандагон буд. Хушбахтона, имрўзњо дар баъзе литсею гимназия ва мактабњои тањсилоти умумї марказњои тестї ташкил карда шудаанд, ки тавассути компютерњо бо шакли дигар дониши хонандагон дар њар як чоряк як маротиба аз кулли фанњои таълимї санљида, бањогузорї карда мешавад. Ин тарзи кор њам кори хонандагон ва њам кори омўзгоронро сабук мекунад. Аз љониби дигар, хонандагон њамон лањза дар назди компютер бањои худро дониста хотирљамъ мешаванд. Санљиши дониши хонандагон тавассути саволномањои тестї хеле хуб аст, аммо хубтар мешуд, агар омўзгорон ё кормандони маркази тестї аз намудњои гуногуни саволномањои тестї истифода мебурданд. Имрўзњо тавассути интернет хонандагони литсейю гимназияњо ва баъзе мактабњои миёнаи тањсилоти умумї аз намудњои гуногуни саволномањои тестие, ки барои олимпиадаи байналмилалї аз љониби олимони донишгоњу донишкадањои Урал ва Челябинск омода карда шудааст, бохабаранд. Дар литсей – интернати президентї шаклњои зерини супоришњои тестї; як љавоби дуруст, ду љавоби дуруст, се љавоби дуруст, чор љавоби дуруст, муайян кардани љуфти мувофиќ, интихоби тартиби дуруст, ворид намудани адад ба клавиатура, ворид намудани матн (навишти дастї), расм ё ќисми расм, тасдиќот дуруст аст, иваз намудани љойи њарфњо тибќи барномаи My TеstХ иљро карда мешаванд. Саволномањо барои хонандагони синфи 11, равияи табиї - риёзї аз 11 фан дар њаљми 100 савол тартиб дода шуда, ба он 1 соату 30 даќиќа људо карда мешавад. Аз фанњое, ки ба љараёни гуманитарї тааллуќ доранд, 5 саволї ва аз фанњои дигар 10 саволї гирифта мешавад. Тарзи бањогузорї ба супоришњо низ гуногун аст. Ба саволномањое, ки ба фанњои гуманитарї тааллуќ дорад, 1 хол, ба фанњое, ки ба равияи химия - биология мутааллиќ аст, 2 хол ва равияи табиї – риёзї 3 хол дода мешавад. Ба хонандагоне, ки аз 80 то 100 хол мегиранд, бањои аъло, ба хонандагоне, ки аз 60 то 85 хол мегиранд, бањои хуб ва ба хонандагоне, ки аз 50 то 65 хол мегиранд, бањои миёна, инчунин, ба хонандагоне, ки то 50 хол мегиранд, бањои ѓайриќаноатбахш гузошта мешаванд. Хонандагон дар ваќти њалли мисолу масъалањо ва иљрои супоришњо барои аз ваќт сарфакорона истифода бурдан аввал супоришњое, ки дар назарашон осонтар аст, иљро карда, дар њолате, ки ваќт кифоя бошад, ба мушкилтараш шурўъ мекунанд. Аммо барои холи зиёдтарро сазовор шудан хонандагон бояд њаракат кунанд, ки ба саволномањои бисёр љавоб гардонанд. Љавоби саволномањоро метавонанд дар љадвали љавобњо ќайд намоянд. Барои намуна мо метавонем якчанд намуди тестњоро аз фанни забон ва адабиёти тољик пешкаши хонандагон намоем: 50

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

1. Ду љавоби дуруст (хонандагон метавонанд 2 љавоби дуруст, 2 вариантро дар љадвал ишора намоянд). Матнњо аз лињози њаљм чї хел мешаванд? А) Калон В) Дароз Б) Хурд Г) Кўтоњ 2. Се љавоби дуруст (хонандагон метавонанд 3 љавобро дар љадвал ишора намоянд). Дар кадом бандњо услубњои нутќ нишон дода шудааст? А) Илмї, бадеї В) Рўзноманигорї Б) Расмї, муошират Г) Мањдудкунанда 3. Чањор љавоби дуруст (хонандагон метавонанд чањор љавобро дар љадвал ишора намоянд). Дар кадом бандњо ќисматњои забоншиносї нишон дода шудааст? А) Ибора ва љумла В) Фонетика Б) Лексикология Г) Морфология Д) Синтаксис 4. Тасдиќот дуруст аст? (Дар ин намуди тест низ хонандагон љавоби дурустро ёфта, дар љадвал ишора мекунанд). Таќриз маълумоти мухтасар дар бораи маќола ё китоб аст. А) Ња Б) Не 5. Иваз намудани љойи њарфњо (хонандагон бояд љойи њарфњоро иваз карда шакли дурусти калимаро дар љадвали љавобњо нависанд). Зирќат Љавоб: (Таќриз) 6. Ворид кардани адад ба клавиатура (Љавоби ин намуди тест бо раќам ба љадвали љавобњо навишта мешавад). Забони тољикии муосир дорои чанд услуб аст? А) 3 В) 4 Б) 2 Г) 5 7. Муайян кардани љуфтњои мувофиќ (Яъне ба тартиби муайян дар љадвал љавобњо нишон дода мешаванд). А) Пайвандакњои хилофї 1) ва, у ю, (ву) Б) Пайвандакњои људої 2) аммо, вале, лекин В) Пайвандакњои шартї 3) ваќте ки, замоне ки Г) Пайвандакњои замон 4) агар, гар, ар Љавоб: (А-2), (Б-1), (В-4), (Г-3) 8. Ворид намудани матн (Хонандагон дар ин намуди супориш калимаи лозимаро ба љойи нуќтањо менависанд). Бањо додан ба навиштањои касе … номида мешавад. А) Аннотатсия В) Китобшиносї Б) Таќриз Г) Матншиносї 9. Интихоби тартиби дуруст. Њиссањои нутќро бо тартиби нишон дињед. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

51


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

А) Феъл 3 Б) Шумора 4 В) Исм 1

Г) Сифат 2 Д) Љонишин 5 Е) Зарф 6

10. Як љавоби дуруст. Ќиссаи «Одамони куњна» ва романи «Палатаи кунљакї»-ро кї навиштааст? А) С. Рањимзод В) К. Мирзо Б) А. Самад Г) Ф. Муњаммадиев 11. Ду љавоби дуруст. Кадоме аз ин асарњоро Љалол Икромї эљод кардааст? А) «Ривояти суѓдї» В) «Ман гунањгорам» Б) «Тирмор» Г) «Субњи љавонии мо» 12. Се љавоби дуруст. Кадом достонњоро М. Миршакар эљод кардааст? А) «Љони ширин» Г) «Ливои зафар» Б) «Ленин дар Помир» Д) «Ќишлоќи тиллої» В) «Ману дунё» Е) «Тахти вожгун» 13. Чањор љавоби дуруст. Дар кадом бандњо персонажњои мусбати романи «Восеъ» нишон дода шудааст? А) Восеъ, Назир Г) Мирзоакрамбой, Яхшибек Б) Ризо, Нозим Д) Саидалї, Муллосафар В) Љобир, Абдулањадхон Е) Фотима, Аноргул 14. Ворид намудани адад ба клавиатура. Ф. Муњаммадиев кай таваллуд шудааст? А) 1941 Б) 1928

В) 1932 Г) 1878

15. Тасдиќот дуруст аст? Аввалин маљмўаи ашъори Лоиќ Шералї «Фарёди бефарёдрас» ном дошта, соли 1966 чоп шудааст. А) Ња Б) Не 16. Иваз намудани љойи њарфњо. Номи яке аз шоирони адабиёти тољик - Зарангул. Љавоб: Гулназар. 17. Муайян кардани љуфтњои мувофиќ А) «Паррончакњо» Б) «Дар орзуи падар» В) «Санг дар баѓал ба тўфон» Г) «Ситорањои сари танўр» Љавоб: (А-3), (Б-4), (В-2), (Г-1) 18. Ворид намудани матн. Маънои луѓавии калимаи байт ….мебошад. 1. Шеър 3. Хона 5. Радиф 52

1. 2. 3. 4.

С. Рањимзод С. Турсун А. Самад К. Мирзоев

2. Як табаќи дар 4. Ќофия «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

19. Интихоби тартиби дуруст. Љинсњои адабиро бо тартиби дуруст нишон дињед. А. Эпика 2 Б. Лирика 1 В. Драма 3 Омўзгорон метавонанд аз таљрибањои кории худ боз намудњои дигари тестро истифода баранд. Дар мактаб ва гимназия ё литсейњое, ки маркази тестї ташкил карда нашудааст ё компютерњо барои хонандагон кифоягї намекунанд, омўзгорон метавонанд, ки љавобњои тестњоро дар вараќи људо, дар шакли зерин талаб намоянд: Тести интихоби хонанда 1. Ному насаб 2. Литсей (мактаб) 3. Љинс 4. Вариант

А

Б

5. Шањр, ноњия Љадвали љавобњо: Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши Супориши

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20

Бояд ќайд кард, ки чунин усули кор метавонад ба инкишофи тафаккури хонандагон мусоидат намуда, онњоро ба мустаќилона фикр кардан водор созад. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

53


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

Њусейн АБРОРОВ, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, ходими калони илмии Институти масъалањои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмњои Тољикистон

ИСТИФОДАИ МАВОДИ ТОПОНИМЇ зимни омўзиши мавзўи

«ОБЊОИ ДОХИЛИИ ТОЉИКИСТОН» Омўзиши мавзўи «Обњои дохилии То­љи­ кистон» дар мактабњои миёнаи тањсилоти умумї (синфи 8) ва дар литсею гимназияњо (синфи 10) яке аз мавзўъњои асосї ва муњим ба њисоб меравад, зеро дар љараёни таълим хонандагон ба масъалањои назариявии обшиносї ва ањамияти амалии захирањои обњои кишвар аз ќабили пиряхњо, дарёњо, кўлњо, обанборњо, каналњо, обњои зеризаминї ва њодисањои номатлуби обнигорї (сел, обхезї, тармакўчї ва ѓайра), њамзамон доир ба чораю тадбирњо доир ба истифодаи босамар ва воситаю роњњои пешгирию паст намудани таъсири њодисањои номатлуб шинос карда мешаванд. Дар љараёни дарс ва корњои беруназсинфї хонандагон ба омилњои асосии ташаккулдињандаи захирањои обї (релеф, иќлим), типњои ѓизогирии дарёњо, рељаи обшиносї, ба низом даровардани љараёни дарёњо, аз моњињои шикоршаванда ѓанї гардонидани дарёњо, кўлњо, ањамияти таљдиди саломатию сайёњї доштани онњо ва нињоят дар хусуси аз ифлосињои физикї, химиявї ва биологї пешгирї намудан, тозагию беолоишии онњоро таъмин кардан донишњои назариявию амалї пайдо мекунанд. Дар китобњои дарсї (барои синфњои 8 ва 10) доир ба масъалањои номбурда маводи кифоя пешнињод шудааст. Муаллим дар љараёни дарс ба шогирдон номњои сершумори дарёњою шохобњои онњо, кўлњо ва пиряхњоро номбар намуда, мавќеи љойгиршавии онњоро дар харита нишон медињад. Шояд хонандагони зираку кунљков ба омўзгор савол дињанд, ки номи дарёњои Омў, Сир, Вахш, Зарафшон, њамчунин 54

Искандаркўл ва ѓайра чї маънї доранд, ба кадом забонњо марбутанд, ин номњоро чї тавр тафсир кардан мумкин аст? Аљаб нест, ки ин навъ саволњо на фаќат омўзгорони љавон, балки муаллимони калонсолу таљрибанокро низ дар вазъи ногувор монанд ва онњо дар назди шогирдон хиљолатманд шаванд. Бояд гуфт, ки ин костагї аз макотиби олї манша мегирад, зеро дар наќшаи таълимии факултаи географияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї таълими фанни «Топонимика» (илм дар бораи пайдоиши номњои географї) ба роњ монда нашудааст. Аз љониби дигар дар китобњои дарсии мактабњои миёна ва олї ба ин масъала диќќати казої дода нашудааст. Мураккабї ва мушкилии ин масъала боз дар он нуњуфтааст, ки то ба имрўз аз тарафи олимони тољик «Луѓати топонимии Тољикистон» тартиб дода нашудааст. Хотирнишон менамоем, ки чунин луѓатњо дар љумњурињои Осиёи Марказї њанўз солњои 60-70-уми асри гузашта арзи њастї намуда буданд. Бояд гуфт, ки баррасињои топонимї дар Љумњурии Тољикистон њанўз дар нимаи дуюми асри ХХ тавассути тањќиќу таълифоти С.И. Климчитский, Н.Г.Маллитский, И.О.Смирнова, А.З.Розенфелд, М.С. Андреев ва баъдан дар асарњои Д.Ж.Эделман, А.Л.Хромов, О. Ѓафуров, А.Девонаќулов, Р.Х.Додихудоев, Н.Офаридаев, Ш.Исмоилов, Љ.Њ. Алимї, С.Мирзозода, А.Рустамов, А.Абдунабиев, Њ.Аброров ва дигарон оѓоз ёфта бошад њам, то кунун асари љомеъ оид ба топонимњои Тољикистон ва музофотњои људогонаи он нашр «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

нашудааст. Бисёре аз таълифоти пурарзиш дар маљаллаю маљмўањои марказии замони шўравї ва ё дар ахбору гузоришњои Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва дигар муассисањои илмию таълимї нашр шудаанд, аз ин лињоз, дастрасии онњо барои њамагон осон нест. Ин њолат кори омўзгорони мактабњои миёна ва олиро дар боби омўхтан ва ба шогирдон омўзонидани пайдоишу маънидоди номњои географии љумњурї мушкил ва ба таъхир меандозад. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки барои андаке сабук намудани кори омўзгорон дар заминаи таълифоти пешинагон ва муаллифи ин сатрњо чанде аз номњои географии ба мавзўи «Обњои дохилии Тољикистон» алоќамандро ба таври фишурда шарњу маънидод намоем. Обњои дохилии Тољикистон ба њавзаи дарёњои Омў, Сир, њавзаи бељараёни Помири Шарќї ва Тарим људо карда мешаванд (бо вуљуди он ки дербоз оби дарёи Зарафшон то ба Амударё рафта намерасад ва робитаашро аз он кандааст, ба њавзаи Амударё мансуб медонанд, зеро як ваќтњо шохоби он буд). Дар маъхазњои антиќї Амударё бо исми Окс (Оксус) сабт шудааст ва аз номи шањри ќадимаи Омул, ки назди шањри њозираи Чорљўйи Туркманистон воќеъ буд, гирифта шудааст. Шакли имрўзаи Ому дар натиљаи афтидани њарфи й ба вуљуд омадааст. Лашкаркаши араб Ибни Ќутайба ин дарёро Љайњун номбар кардааст, ки маънои он дар забони тољикї офарандаи бадбахтї мебошад. Дар луѓати «Бурњони ќотеъ» Омуй бо маънои «лаболаб, пуробшуда» омадааст. Дар «Фарњанги нафисї» «Омун»-ро муњит, пуру лаболаб, дар фарњанги «Онандрољ» ин истилоњро «мамлув» ва «лабрез» маънидод кардаанд (А.Девонаќулов. Асрори номњои кишвар. -Душанбе, 1989, с.22-23). Пас, аз ин њама далелњои фавќ метавон маънои луѓавии Омў (Амударё)-ро бо мафњумњои «лабрез, лаболаб, муњит, мамлув» ифода намуд, ки мухтасаран «пуроб-сероб» мешавад. Одатан номи дарёи Кофарнињонро ба маънои «пинњонкунандаи кофирон» ва ё «ѓарќкунандаи кофирон» њам шарњ медињанд. Ба пиндори баъзе муњаќќиќон ин ном хусусияти дарёи шўху пурталотумро ифода мекунад. Вале аз љињати таркиби луѓавї номи Кофарнињонро «пинњонкунандаи кофирон» ва ё «паноњбарии кофирон» гуфтан љоиз нест, зеро муњити дарё «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

барои пинњоншавии одамон мувофиќат намекунад. Шояд тахмин кардан раво бошад, ки дарё аз номи дењаи дар канори он воќеъбуда гирифта шуда бошад. Маълумоти таърихї аз он гувоњї медињанд, ки то пањн шудани дини ислом дар сарзамини пањновари Тўрон ва канорњои атрофи он ойини зардуштї густариш ёфта буд. Њангоми аз тарафи лашкари ислом забт шудани ин сарзамин ќисме аз сокинони он дини исломро пазируфта, пайрави ин ойин гардиданд, ќисми дигарашон дини навро напазируфта, аз он дурї мељустанд, мањалњои зисти худро тарк намуда, ба музофотњои дуртару камдастраси кўњистон, аз ќабили кўњистони Зарафшон, дењањои кўњистони Истаравшан, Шумон, Рашт, Дарвоз ва ѓайра рахти сафар бастанд. Ин тоифа мардум худро аз атрофиён пинњон медоштанд, дар зоњир исломро ќабул карда бошанд њам, дар ботин кешу ойини ќадимаашонро бо роњњои гуногун давом медоданд. Шояд дењи Кофарнињон ва чандин дењањои дигари њавзаи дарёи Кофарнињон љои паноњбурдаи муртадони дини ислом - «кофаронпинњоншуда» буданд. Аљаб нест, ки ба њамин муносибат дења ва дарё ба худ номи «Кофарнињон»-ро гирифта бошад. Дарёи Варзоб яке аз калонтарин шохоби дарёи Кофарнињон буда, аз љанубии ќаторкўњи Њисор сарчашма мегирад ва дар поёнљараёни худ аз байни пойтахти мамлакат - шањри Душанбе гузашта, ба дарёи Кофарнињон мепайвандад. Пас, исми дарёи Варзоб аз кадом забон гирифта шудааст ва чї маъно дорад? Чуноне ки аз маълумоти таърихї бармеояд, дар ањди ќадим ва ибтидои асрњои миёна забони суѓдї дар ќисми шимол ва ѓарбии марзи имрўзаи Тољикистон, аз љумла, дар водии Њисор нуфузи калон дошт, илова ба ин дар асрњои ХVIХVII як ќисми яѓнобињо аз тарафи шимолии ќаторкўњи Њисор (водии Яѓноб) ба тарафи љанубии ин силсилакўњ ба њавзаи дарёи Варзоб, Ќаротегину Рашт кўчида омада буданд. Аз ин лињоз дар ташаккули номњои географии музофотњои дар боло номбурда таъсири забони суѓдї-яѓнобї равшан њис карда мешавад. Чунонки муњаќќиќон маълум намудаанд, Варзоб калимаи мураккаби суѓдї (яѓнобї) буда, аз ду љузъ – «варз» ва «об» иборат мебошад. «Варз» дар забони суѓдї маънои «баландї» ва «оп» («об») маънои тољикии «об»-ро дорад. Пас, 55


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

метавон Варзобро њамчун «баланд - об» ва ё «оби аз баландї љоришаванда» маънидод кард. Варзоб аслан номи дарё буда, сонитар аз он номи водї (дара)-и Варзоб, шањраки Варзоб ва ноњияи маъмурии Варзоб пайдо шудааст. Яке аз шохоби дигари калон ва ањамияти бузурги хољагидоштаи дарёи Омў ин дарёи Вахш мебошад. Баъзењо исми «Вахш»-ро омиёна тавсиф дода, онро «вањшї» (ёбої, саркаш) ба ќалам медињанд. Дар забони арабї калимаи вањш ба маънои «њайвони вањшї» истеъмол мешавад, лекин калимаи «Вахш» ба калимаи «вањш»-и арабї ягон ќароботе надорад. Устод Садриддин Айнї «Вахш»-ро калимаи ќадимаи тољикї-суѓдї њисобида, маънояшро ибтидо ва оѓоз ба ќалам дода, дар канори он мављуд будани шањри ободу зебои Вахшро номбар кардааст. Аллома Б.Ѓафуров дар шоњасари худ «Тољикон» ќайд намудааст, ки «Охшо, Оах­ шо» (шакли ќадимаи калимаи «Вахш») номи олињаи обу обёри бохтариёни ќадим буд. Дар катибаи сангї, ки дар осорхонаи шањри Каликуттаи Њиндустон мањфуз мебошад, «Вахш - худои яккаву ягона» сабт шудааст. Абўрайњон Берунї дар «Осор-ул-боќия» навиштааст, ки «Вахш» исми фариштаест, ки нигоњбонии об бо ўст, махсусан, исми фариштае, ки мувак­ кали рўди Љайњун аст». Монавиён «Вахш»-ро бо маънињои «пайѓамбар»-у «партави бузурги Яздон» истифода намудаанд. Чунонки мебинем, дар луѓату таълифоти пешин ва тафсилоти муосир маънои луѓавии «Вахш»-ро дар афзоиш, оѓоз, фазоянда, боланда, пайѓамбар, олиња, партави бузурги яздон мебинанд. Баъзе муаллифон мафњумњои «афзоиш» ва «афзоянда»-ро дар пуробшавии тобистонаи дарёи Вахш мебинанд, ки ин фањмиш аломати зоњирии дарё мебошаду бас. Ба андешаи мо, мафњумњои «афзоишу аф­ зоянда» ин танњо маънои зоњири пуробшавии дарёро надорад, балки зери ин мафњумњо маънои ботинї нињон мебошад ва онро дар маљмўъ бо мафњумњои дигари он љустан лозим аст. Модоме ки Вахш номи олињаи обу обёрї бошад, партави бузурги Яздон дар замин бошад, пас тавассути ин об Худои бузург ба бандагонаш ризќу рўзиро меафзояд, онњоро боланда (хушнуд) мегардонад, неъматашонро фазоянда мегардонад, ганљашонро фаровону 56

поянда мегардонад. Пас, «Вахш»-ро бо маънои рўзирасон, афзояндаи неъмат шарњ додан ба маќсад мувофиќ мебошад. Далелњои таърихї гувоњи ононд, ки дар асрњои ХII-ХIII дар натиљаи тохтутози аљнабиёни муѓул водии шукуфони Вахш ба харобазор табдил ёфта буд. Солњои 30-40-уми асри гузашта дар натиљаи сохтмони каналњои бузурги обёрикунанда ин водї тавассути назари неки олињаи «Вахш» аз нав гулгуншукуфон гардид, ризќу рўзияшон фазоянда шуд, дар замони соњибистиќлолии Тољикистон нумўи тоза пайдо намуд. Байни олимон оид ба пайдоиши номи дарёи Панљ њамфикрии том вуљуд надорад ва андешањо мухталифанд. Баъзењо чунин мењисобанд, ки асли ин номро калимаи (раќами) панљ ташкил дода, ба маънои «панљ дарё» меояд. Дигарон бар андешае мебошанд, ки номи ин рўд аз исми ќалъаи Панљ, вале сеюмињо баръакс, номи ќалъаро аз исми ин дарё пайдошуда иборат медонанд. Бояд тазаккур дод, ки аз кадом панљ дарёи Бадахшон ташаккул ёфтани дарёи Панљ бањснок аст. Одатан дарёи Панљро аз љои ба њам расидани оби рўди Вахон ва Помир номгузорї мекунанд. Чунонки маълум аст, ин љо ѓайр аз њамин ду дарёи нисбатан калон дигар дарёњои ба назар калони дарёи Панљро ташаккулдињанда нестанд. Дигарон ба ќатори ин панљ дарё ѓайр аз Вахону Помир дарёњои Шоњдора, Ѓунт ва Бартангро илова мекунанд. Муаллифони китоби «Географияи Тољи­ кистон» (китоби дарсї барои донишљўёни мак­табњои олї. -Душанбе, 2011, с.43) Х.М. Муњаббатов ва М.Р.Рањимов навиштаанд, ки «Он (яъне, дарёи Панљ) аз якљояшавии панљ дарё ташаккул ёфтааст: Вахон, Помир, Ѓунт, Бартанг ва Ванљ». Дар ин њисоб рўди Язѓулом, ки дар байни Бартангу Ванљ воќеъ гардидааст ва ба дарёи Панљ њамроњ мешавад, берун мемонад, сабаби он чандон равшан нест. Агар мо рўди Язѓуломро шохоби дарёи Панљ њисобем, он гоњ шохобњои дарёи Панљ аз панљ рўд иборат набуда, балки аз шаш рўд иборат мешаванд. Дигарон рўди Шоњдараро шохоби бевоситаи Панљ њисобида, дарёњои Язѓулом ва Ванљро аз ин њисоб соќит карда, масъаларо боз њам чигилтар кардаанд. Аз нуќтаи назари географї дарёи Шоњдара шохоби дарёи Ѓунт «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

буда, шарќтар аз шањри Хоруѓ ба он пайваст шуда, баъдан ба дарёи Панљ омезиш меёбад, яъне њамчун дарёи алоњида ба дарёи Панљ њамроњ намешавад. Аз ин лињоз Шоњдараро аз панљ рўди дарёи Панљ њосилкунанда соќит кардан раво мебошад. Дигар ин ки мо рўди Вахонро шохоби дарёи Помир мењисобем. Дар ин сурат Помир, Ѓунт, Бартанг, Язѓулом ва Ванљ панљ рўде мебошанд, ки аз онњо дарёи Панљ ташаккул ёфтааст. Номи дарё аз љои муайян оѓоз ёбад њам, ќисмњои поёнтари онро низ дарбар мегирад. Дар асарњои таърихнигорон ва географњои Юнон, ки пас аз истилои ватани мо аз тарафи Искандари Маќдунї навишта шудаанд, дарёи Зарафшон бо исми Политимет сабт гаштааст. Ва бояд бигўем, ки ин ном бо исми юнонї шабоњат дорад ва луѓатшиносон маънои онро дар забони юнонї бо мазмуни «гиромї, пурэъљоз» дарёфт намудаанд. Бино ба маълумоти номзади илмњои филология Саидумар Султон, ки бо китоби муаррихи Юнон Кант Куро шинос шудааст, «Дарёи Зарафшон он ваќт Пули Таймат ном доштааст» (китоби 7, банди 10) (ниг. «Омўзгор», 16-уми январи соли 1999). Аз ин ваљњ метавон хулоса намуд, ки юнонињо номи ќадимаи Зараф­ шон - Пули Тайматро ба савтиёти забони худ мувофиќ гардонида, онро Политимет номидаанд. Пас, Политимет шакли тањрифёфтаи Пули Таймат мебошад. Мутаассифона, маълум нест, ки Таймат дар забони суѓдї чї маъно дошта бошад. Дарёи Политимет (Пули Таймат) дар давраи забткории арабњо (асрњои VII-VIII) ба худ номи рўди Суѓд («рахшон, шодоб»), Номиќ («Ном­ дор»), «Нањр-ул-Бухоро», «рўди Самарќанд» ва ѓайраро гирифт. Дар замони салтанати Сомониён (асрњои IХ-Х) ва мустањкам шудани забони тољикї дар њавзаи дарёи Зарафшон ба худ номи «Кўњак», «рўди Зар» ва нињоят дар асри ХVIII – номи рўди Зар суфтаю гўшнавоз шуда, ба «Зарафшон» бадал шуд, ки мазмуну мўњтавои воќеии хосияти дарё - зарфишонии онро басо хуб ифода мекунад. Маълумоти таърихию географї аз он шањо­ дат медињанд, ки аз асри IV-и мелодї то замони мо аз реги дарёи Зарафшон ва конњои болооби Зарафшон тилло истењсол мекунанд. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Сайёњи охирњои асри IХ-и араб ал-Яъќубї аз тилло бой будани реги дарёи Зарафшонро ин тавр тавсиф намудааст: «Дар реги ин дарё порчањои рехтаи тилло хеле фузун аст ва дар Хуросон чунин дарёе нест, ки аз он бештар тилло дошта бошад». Аз тиллои истењсолшуда њар гуна асбобу анљоми рўзгор, зебу зинати занонаю шоњона ва бутњои тиллої месохтанд. Юнонињо ва арабњо њангоми тохтутози Мовароуннањр бутњои ибодатгоњњои Суѓдро ба яѓмо бурданд. Айни замон геологњо ошкор намудаанд, ки дар таркиби зинањои зароѓонии канори дарёи Зарафшон ва баъзе шохобњои он (дарёи Моѓиён) дар 1 м3-ии онњо аз 2,6 то 4,5 грамм тиллои пошхўрда мављуд аст ва дарё њангоми пуробї онњоро шуста, ба Љумњурии Ўзбекистон мебарад ва аз он тариќи саноатї тилло људо карда мегиранд. Дар китоби географи шинохта Е.М.Поспелов «Луѓати мактабии топонимї» (-М., 1988, с.72) омадааст, ки номи дарёи Зарафшон аз калимаи тољикии «Зарафшон» баромадааст. Баъдан ў тахмин кардааст, ки ин ном шояд ба маънои маљозиаш кор фармуда шуда бошад, зеро ањамияти он дар зироатпарварии обёришаванда бењад калон аст ва ин љо шаке нест. Аммо чунин фањмиш барои мо њуќуќи маънавї намедињад, ки аз маънои аслии он «зар» ва «фишонидан», яъне Зарафшони зарфишон буданаш даст кашида, маънои маљозии онро дар љои аввал гузорем. Воќеан Зарафшон дарёи зарфишон аст. Яке аз дарёњои нисбатан калони музофоти Зарафшон Яѓноб ном дорад. Он дар байни ќаторкўњи Зарафшон дар шимол ва силсилакўњи Њисор аз љануб воќеъ гашта, аз шарќ ба ѓарб ба масофаи 120 км. тўл кашида, дар назди шањраки Зарафшон-2 ба Искандардарё пайваст шуда, дарёи Фонро ташкил медињанд. Дарёи Фон пас аз тай намудани масофаи 24 км назди шањраки Айнї ба дарёи Масчоњ њамроњ шуда, дарёи Зарафшонро пайдо мекунанд. Пас калимаи «Яѓноб» чї маънї дорад? Мувофиќи тавсифи яѓнобишиноси шинохта А.Хромов топонимии Яѓноб дар асл аз шакли аввалаи калимањои яѓнобии (яѓнобињо халќияти хурди давоми бевоситаи суѓдињо мебошанд, ки як лањљаи забони суѓдиро то 57


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

ба имрўз нигоњ доштаанд) «ихи ноу», «их-ях» ва «ноу» - дара, водї баромада, маънои да­ раи (водии) яхинро медињад. Ба тарафдории ин андеша мо як далели дигар оварда, онро таќвият бахшиданием. Шохоби тарафи чапи дарёи Яѓноб Тагоби Ќул ва шохоби тарафи рости он Ихинов (Яхдаро) ном гирифтаанд. Дар топонимия гузоштани номи як дарё ва ё шохобњои он ба ќисми дигари он (ё тамоми дарё) як њодисаи умумї ва маълум аст. Аз ин лињоз тахмин кардан љоиз аст, ки зери таъсири ин ном (Ихинов) ба худ номи Яхдараро гирифта бошад. Ба ќавли А.Хромов, ин шакл дар зери таъсири забони тољикї шакли аввалаи худро дигар намуда, ба шакли «яхноу» («яхин»-и тољикї), сипас «ягноу» ва нињоят ба «Яѓноб» мубаддал гаштааст (А.Хромов. Тарљимаи њоли номњо// «Газетаи муаллимон», 21-уми июни соли 1988). Б.Њайдарзод дар маќолаи кўчаки хеш «Яѓ­ ноб дараи яхин нест» (ниг. «Илм ва њаёт», 1991, № 9, с.13) чунин изњор кардааст: «Ба аќидаи мо, мафњуми «Яѓноб» аз калимањои яѓнобии «яѓд» - васеъ, пањн, фарох ва «нов» - водї баромадааст. Азбаски њамсадои «д» талаффузнашаванда аст, бо мурури замон «Яѓнов» шуда ва баъдтар ба «Яѓноб» табдил ёфтааст. Њамин тавр, Яѓноб «дараи яхин» набуда, балки «водии доманфарох» аст. Шахсе, ки бо табиати дара (водї)-и Яѓноб шиносоии амиќ дорад, ин водиро ба њељ ваљњ «водии доманфарох» нахоњад номид. Зеро аз дењаи Такфон ба самти шарќ то дењаи Навобод дар ду канори дарёи Яѓноб зинањои васеъ, ки онро дар ќисмњои асосии водии дарёи Зарафшон «дашт» меноманд, ќариб дида намешавад. Танњо ќисми шарќии водї – мавзеи Гулбоз васеъ асту бас. Аслан моњияти мафњуми «нов» ишора ба водї не, балки ба «дара» - љои тангу мањдуд мебошад, ки он барои њар як сокини кўњистони Зарафшон фањмост. Воќеан, хусусиятњои табиию географии ин водї ба худи ном («Ихинов») пурра мувофиќат менамояд. Обу њаво ва иќлими водии Яѓноб нисбат ба дигар ќисмњои музофоти Зарафшон тафовути маълум дорад: бориш бештар аст, зимистон тўлонию барфгир, болооби Яѓнобдарё бо яхи ѓафс пўшида мешавад, давраи нумўи наботот кўтоњ, барф барваќт мебораду дертар об ме58

шавад, бањор дертар фаро мерасад, тобистон кўтоњ аст ва ѓайра. Шояд њамин аломату хосиятњои дар боло тавсифшударо сокинони водї ба назари эътибор гирифта, мањалли сукунати худро дар аввал «яхдара» ва баъдан «яѓноб» («яхоб») номида бошанд. Оид ба пайдоиши номи кўли зебоманзару овозадори Тољикистон Искандаркўл чї гуна фикру андешањо мављуданд? Баъзењо пайдоиши исми кўлро ба фаъолияти лашкаркаши Юнони ќадим Искандари Маќдунї нисбат медињанд. Гўё бо фармону ташаббуси Искандар дар љои њозираи Искандаркўл обанбор сохта шуда ва баъдњо номи ўро гирифтааст. Шарќшиноси машњур В.В.Бартолд чунин мешуморад, ки Искандаркўл бо њамин ном дар асрњои миёна маълум набуд ва баъдтар ин номро ба худ гирифтааст. Модоме, ки пайдоиши номи ин кўл ба Искандари Маќдунї алоќа надошта бошад, пас он аз кадом забон гирифта шудааст ва чї тавр пайдо шудааст? Солњои охир топонимшиносону географњо ба хулосае омадаанд, ки пайдоиши номи ин кўл ба забони суѓдї – яѓнобї алоќаманд мебошад. «Искандаркўл» калимаи мураккаб буда, аз се ќисм таркиб ёфтааст: «иски» ва ё «аски» дар забони суѓдї маънои «боло» ё «баландї»ро медињад. Љузъи дуюми калима- «дар»ро суѓдшиносон фишурдаи калимаи «дара» мењисобанд. Аз ин ваљњ «Искатар» ё «Искан­ дар» маънои дараи баландро медињад. Инак, аљдоди мо - суѓдињо на кўлро, балки дараи сокинбудаашонро «Искандар» номидаанд. Номи Искандаркўл аз љузъи сеюми «кўл» низ иборат мебошад ва он њам тасодуфї нест. Ба гумони мо, ки он ба чанд далел такя мекунад, љузъи сеюми ном на «кўл», балки «ќул» мебошад ва он дар забони суѓдї-яѓнобї маънои чарогоњро дорад. Воќеан, дараи Искандар чарогоњи хуби љумњуриамон буда, тобистон дањњо рамаи гўсфандон, подаи говњо, галаи аспњои ноњияњои кишварамон дар он љо чаронида мешаванд. Шояд аљдодони гузаштаи суѓдзабонамон бо њамин маъно дараи сокинбудаашонро «Искандарќул» - дараи баланди чарогоњбоб номида бошанд. Баъдњо, бо гузашти айём, њангоме ки забони тољикї забони суѓдїяѓнобиро аз ин мањал танг карда баровард, шакли калима ва маънои аслии «Искандарќул» «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

таѓйир пазируфта, фаромўш шуд. Дар зери таъсири забони тољикї «ќул»-и суѓдї ба худ шакли «кўл»-ро гирифт ва маънояш њам дигар шуд. Сабаб он аст, ки дар ин дараи баландкўњи чарогоњбоб кўл (обњавз) воќеъ гаштааст. Бо њамин минвол ба номи дара кўл пайваст гашт ва бо худ шакли таѓйирёфтаи Искандаркўлро гирифтааст. Шояд ин таѓйирпазирї охирњои асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ сурат гирифта бошад (Њ.Аброров. Тањаввули исми Искандаркўл// «Омўзгор», 23-юми майи соли 1989). Дар саргањи дараи Ѓаберўд (шохоби тарафи чапи Яѓнобдарё) дар баландии 2797 метр аз сатњи бањр кўли хурде бо номи Лабиљай воќеъ гардидааст. Атрофи ин кўлро гиёњњои марѓї, буттагї ва дарахтї (бурс) фаро гирифта, ин мавзеъро хеле фарањафзо гардонидаанд. Аз ин хотир мардуми дењаи Ѓаберўд номи кўлро њамчун љои зебо ва хушманзар маънидод мекунанд. Њарчанд атрофи кўл воќеан љои зебост, маънои «Лабиљай» («Лаби Љай»), ба андешаи мо, тамоман дигар аст. Мо ба вожањое, ки дар таркибашон «љай» доранд, на танњо дар њавзаи Фондарё, балки дар баъзе мавзеъњои њавзаи дарёи Масчоњ бо номњои «Сариљай» ва «Болоиљай» низ дучор шудем. Бояд гуфт, ки њамаи ин топонимњо ба мањалњое алоќаманданд, ки он љо кўл (обњавз) воќеъ гаштааст. Аз ин лињоз, мо ба натиљагирие омадем, ки гузаштагони суѓдзабони мо кўлро бо мафњуми «љай» ифода мекардаанд. Пас, вожаи «Лабиљай» калимаи мураккаб буда, аз ду ќисм таркиб ёфтааст. «Лаби» дар забони тољикї маънои «канор» ва «соњил»-ро дорад, «љай» бошад, калимаи суѓдїяѓнобї буда, маънои «кўл»-ро медињад. Инак, «Лабиљай» «канори кўл» гуфтан аст (Њ.Аброров. Баъзе номњои географии њавзаи Фондарё //«Маърифати омўзгор», 2007, № 3, с.49). Доир ба шаклгирии исми Сирдарё ва маънои луѓавии он топонимшиносон андешањои якдигарро таќвиятдињанда ва мухолиф иброз намудаанд. Дар сарчашмањои хаттї ин дарё бо номњои Танаис, Яксарт, Хашарт, Яхартис, Сайњун, инчунин вобаста ба мањалле, ки дарё аз он љо мегузарад – Оби Хуљанд, Оби Фарѓона ва ѓайра номбар шудааст. Ба андешаи таъ«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

рихнигорон номи имрўзаи Сирдарё нисбатан љавон буда, аз асри ХIХ пайдо шудааст. Њар яке аз номњои дар замонњои гузашта пайдошудаи Сирдарё ба худ маънои хосро ифода мекунанд. Масалан, муаллифони антиќї онро Яксарт – яъне «марвориддарё» номбар кардаанд. Географњои араб Сирдарёро «Сайњун» ном бурдаанд, ки маънои он «дарёи калон» мебошад. Дар байни топонимшиносон онњое низ њас­ танд, ки номи Сирдарёро ба калимаи туркї марбут медонанд: «Дар забони туркї сирт гуфта баландињои теппаашон њамвори чарогоњбобро меноманд. Шохоби асосии Сирдарё – Норин мањз аз њамин гуна сиртњо љорї мешавад. Эњтимол дорад, ки аслан Сирдарё Сирт дарёси будааст. Дар номњое, ки њарфњои т ва д паси њам меоянд, як њарф дар зери таъсири талаффузи њарфи дигар хафиф, ноаён шуда меравад. Аз нуќтаи назари таркиби номњои љуѓрофї ва ќоидањои ташаккули онњо низ шакли Сирт да­ рёси хеле табиї мебошад» (О.Ѓафуров. Тафсири мухтасари номњои љуѓрофї. -Душанбе, 1983, с.101). Ба гумони мо, чунин тафсир аз љињати шакл раво бошад њам, он ягон аломати хоси ботинии дарёро ифода намекунад ва фаќат боиси каљфањмии хонандагон мегардаду бас. Оид ба пайдоиши номи Сирдарё ва маънои луѓавии он андешањои дигар низ мављуданд. Олимон А.Њољиев ва Њ.Очилов чунин мешуморанд, ки дар замони њукмронии Сомониён ба сифати расмї-давлатї пазируфтани забони дарї - тољикї топонимњо, аз љумла, гидронимњои нав њам ба вуљуд омада, дарёи Сайњун дарёи «Соир» ном гирифт ва сонитар ба Сирдарё мубаддал гардидааст. Маънои луѓавии калимаи «Соир» дар «Фарњанги забони тољикї» чунин оварда шудааст: «Сайркунанда, раван­ да». Чунонки дида мешавад, аз љињати маънї калимаи соир њаммаъною тарљумаи калимаи «Сайњун» мебошад. Ин љо фаќат њаминро хотирнишон менамоем, ки мафњуми «Соир» «сайркунанда ва раванда» аломати хосу мушаххаси Сирдарё шуда наметавонад, зеро њамаи дарёњо сайркунандаю раванда мебошанд. Мувофиќи тавсифи географ - топонимшиноси рус Е.М.Поспелов дар номи имрўзаи Сирдарё мазмуни форсї-тољикї њис карда 59


ШЕВАИ ОМЎЗИШ

мешавад. Истилоњи «дарё» дар забони форсї маънои «рўди калон»-ро дорад. «Сир» бошад, ба маънои «сер, бисёр, фаровон, хуб» омада, дар маљмўъ маънои «фаровоноб»-ро медињад (Е.М.Поспелов. Школьный топонимический словарь. -М.; «Просвещение», 1988, с.183). Муњаќќиќ А.Девонаќулов зимни пажўњиш­ њои бардавом маънои луѓавии Сирдарёро аз љињати забоншиносї тањлил намуда, ба дастоварди бузурги илмї ноил гаштааст. Бевосита бошад њам, ба назар чунин мерасад, ки ў гўё андешањои Е.М.Поспеловро таќвият бахшида, онро равшан, амиќ ва пурра намудааст: «Ин нозукиро кас танњо он ваќт дуруст сарфањм меравад, ки агар ба тарзи имлои дар фарњангу осори љуѓрофї ва сарчашмањои ќадима мављуда диќќат бикунад. Имлои ќисмати аввали истилоњи Сирдарё, яъне калимаи «сир» бо њуруфи ќадимаамон бо «син» ё «ро», яъне «сер» иборат аз се њарф навишта мешавад. Аммо калимаи «сирр», ки љамъи он «асрор» мебошад, бо «син», «ро»-и ташдиддор, яъне бо ду њарф

навишта мешавад. Аз ин рў, шакли дурусте, ки мувофиќи имлои он талаффуз карда бишавад, «Сердарё» аст, на «Сирдарё»: маълум аст, ки дар имлои ќадима шакли дурусти Сердарё ба маънии «дарёи саршор, дарёи пуроб, дарёи се­ роб» боќї монда, минбаъд дар талаффуз шакли «Сирдарё»-ро гирифтааст, ки он ба маънии «рози нуњуфта» меояд (А.Девонаќулов. Асрори номњои кишвар. -Душанбе, 1989, с.131). Воќеан Сердарё - Сирдарё дарёи калони серобу фаровоноб аст, ки аз байни чањор љумњурињои Осиёи Марказї - Ќирѓизистон, Тољикистон, Ўзбекистон ва Ќазоќистон гузашта, барои корњои гуногуни хољагї пурра сарф мешавад, ба сокинони ин љумњурињо неъмати фаровон мебахшад, атрофашро шодоб, сафои зиндагиро имконпазир мегардонад, пас, номи онро «Сердарё» гуфтан ба матлаб мувофиќ аст. Хулоса, дар Љумњурии Тољикистон дарёњо, кўлњо ва чашмањо хеле зиёданд, ки онњо њам ба тавсифи топонимї ниёз доранд.

Ойиша МАЊМАДЌУЛОВА, омўзгори кафедраи педагогикаи умумии ДДОТ ба номи С.Айнї

ДАРСЊОИ НАМУНАВЇ АЗ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК ДАР СИНФИ 6-УМ ВА 7-УМ бо РОЊИ ТАРБИЯИ ТАЊАММУЛГАРОЇ Наќшаи як соат дарси намунавї дар синфи 6 Мавзўъ: Тањлили њикоятњои «Љомеъ-ул-њи­ коёт»-и Муњаммад Авфии Бухорої оид ба мавзўъњои саховат, шукр, сабр, вафо. Маќсади дарс: а) бењтар кардани суръати хониш; б) дар нињоди хонандагон љо додани хислатњои хуби инсонї; в) ба тоќатпазирї ташвиќ кардани шогирдон ва инкишоф додани нутќи онњо. Усули дарс: сўњбат Воситањои аёнї: лавња, вараќчањо, расм. Равиши дарс: 60

1. Кори мустаќилона. Кор бо лавњаи раќамдор: 22, 1, 2, 24, 21, 2, 19, 31, 23, 19, 2, 1, 24, 17, 17, 7, 6, 7, 21, 1, 22, 12. Кори мустаќилона бо ин раќамњо ваќти кам­ ро мегирад ва њамагї 5-6 даќиќа идома меёбад. Бачањо ба алифбои тољикї бо тартиб раќам мондаанд, аз рўи он њарфу калимањоро љобаљо гузошта, дониши хаттиашонро њам ривољ медињанд. 2. Кор бо хонандагони алоњида. Дар ваќти кори мустаќилона омўзгор 4-5 хонандаро ба назди тахтаи синф даъват мекунаду ба онњо вараќчањое, ки дар онњо луuат, љумлањо ва байт навишта шудаанд, медињад ва талаб мекунад, ки дар тахтаи синф љавоби вараќчањоро «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


ШЕВАИ ОМЎЗИШ нависанд. Масалан, дар вараќчае байти зерин омадааст: Наргисашро ба теu гулгун кард, Гавњарашро зи тољ берун кард. Талабот: -Байти кист? Аз кадом асар оварда шудааст? Наргис ба кадом маънї омадааст? Хонанда агар донад, дар тахтаи синф чунин менависад: -Ин байт аз достони «Хайр ва Шар»-и Низомист, наргис киноя аз чашм аст. 3. Тањлили љумлае, ки аз лавњаи раќамдор њосил шуд: Сабур бош, то ба умеде расї. Бачањо бо талаб ва кўмаки муаллим ба фањмонидан шурўъ мекунанд: -Агар сабр кунї, ба мурод мерасї. Агар њангоми тањсил бо тањаммул дониш андўзї, дар оянда мутахассиси хуб мешавї… Пурсиши муаллим: -Аз дарсњои гузашта оид ба сабру тоќат матне хонда будем ё не? Љавоби хонанда: -Аз «Ќобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус хонда будем. Он «Пурсиши нољо» ном дошт. Худи хонанда ё њамсинфаш бо хоњиши омўзгор мазмуни он њикоятро наќл мекунад. Мухтасари њикоя: Љавон пири садсолаи пуштхамидаро диду масхаракунон гуфт: -Ин камонакро ба чанд харидї? Пир ботањаммул гуфт: -Агар умр ёбиву сабр кунї, худ ройгон ба ту бахшанд… 4. Эълони мавзўи нав. Тањлили њикоятњои «Љомеъ-ул-њикоёт»-и Муњаммад Авфии Бухорої. 5. Шарњи пешакии луuат: Гарон – вазнин Каримтар – босаховат, љавонтар Бодия – биёбон Инон – лаљом, љилав Башорат – мужда, хабари хуш Масолењ – чизњои даркорї Ќиём – машuул шудан Бисмил – сарбурида Мурувват – мардонагї, њимматбаландї Тафањњус – тафтиш кардан Такаллуф – саъй, кўшиш Эшон – онњо Афлотун – донишманди юнонї Тињї – холї. 6. Хониши њикояти «Њотами Той ва шахсони саховатманд». Мазмуни ин њикояти хурд хеле фањмо аст. Хонандагон онро ба осонї наќл мекунанд. Мазмуни мухтасари њикоят: Њотам дар биёбон ба хонае меравад, ки пире як бузак дошт. Мўйсафед ўро ботањаммул ва хушнудї ба хонааш даровард. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Писараш омаду бо супориши падар бузакро бисмил карду найзаашро шикаста, оташ даргиронд ва барои Њотам таом тайёр кард. Њотам баъди мењмондорї фањмид, ки онњо љуз буз дигар њељ чиз надоштаанд. Ба онњо фањмонд, ки ў Њотам аст, ба ќабилаи ў оянд, њаќќи эшонро хоњад дод. Пир гуфт: -Мо аз мењмон музд наситонем. 7. Мустањкамкунии мавзўъ: – Чаро Њотам падар ва писарро аз худ саховатманду каримтар њисобид? – Магар њама чун падар ва писар мењмонро бо тањаммул ќабул мекунанд? Хонандагон, ки аз мазмуни њикоят ба ваљд омада буданд, баъзан норасоињое, ки њангоми мењмондорї дар хонаашон роњ медињад, фош мекунанд. 1.Хониши њикояти «Аристотолис». 2.Сўњбат аз рўи њикояти мазкур. – Аристотолис баъди њафтсадсолагї ба омўхтани чї сар кард? – Шогирдон чї гуфта, ўро таъна заданд? – Олим чї љавоб дод? 10. Хулосабарорї: Барои омўхтан сабру тањаммул бояд дошт. Касе ки бо пуртоќатї меомўзаду медонад, њамеша сарбаланд хоњад буд. 11. Суол оид ба мавзўъњои гузашта: -Барои санъати такрор, кї мисол оварда метавонад? Танида ёди ту дар тору пудам, мењан, эй мењан, Бувад лабрез аз ишќат вуљудам, мењан, эй мењан * * * Мо њеч, замона њеч, дунё њама њеч, Эй њеч, зи бањри њеч бар њеч мапеч. Донї, ки зи одамї чї мемонаду бас? Мењр асту муњаббат асту боќї њама њеч. 12. Ќироати њикояти «Афлотун» (сањ.99). Афлотунро гуфтанд: -Чї гўї, ки њаргиз uамгин мабошї? Гуфт: -Дил дар чизе набандам, ки аз дасти ман биравад. 13. Хулосабарорї аз њикоят: Шахси дунёдор доимо дар uами пулу моли худ аст, ки зиёд шаваду кам не. Одаме, ки дил ба дунё набастааст, ботањаммул буда, дил ба хушнудї додаасту шукрона мекунад. 14. Кори эљодї бо расми шахсе, ки хилъати са­ фед дорад, яъне табиб. Муаллим расмро нишон дода, савол медињад: -Ин расм ба кадом њикоят таалуќ дорад? 61


ШЕВАИ ОМЎЗИШ Бачањои хушзењн зуд пай мебаранд, ки дарси гузашта яке аз њикоятњои «Љомеъ-ул-њикоёт»-ро хонда буданд. Ду нафар хонанда ба назди тахтаи синф баромада, яке наќши табиб ва дигаре беморро мебозад. Дар охир хулосабарорї: -Тањаммул куну нони сўхта махўр (ин лањза 2-3 даќиќа ваќтро мегирад). 15. Хондани њикояти «Шахси китобхон» (сањ.9-110). Маълум аст, ки насли наврас ва љавони ин айём ќариб, ки китоб мутолиа намекунанд. Барои китобро ба даст гирифта хондан сабру тоќат лозим аст. Њикояти мазкур барои ба тањаммулгарої водор кардани хонандагон хизмат хоњад кард. Мазмуни фишурдаи ин њикояти аљиб: Шахсе китоб мехонд. Нафаре ба хонаи ў даромаду гуфт: -Хоља, танњо нишастаї. Шахси китобхон, ки босабру тањаммул ба мутолиа машѓул буд, гуфт: -Танњо акнун гаштам. 16. Хулосабарої аз њикоят: Шахси китобхон танњо буду бо тамоми олам, бо ќањрамонони китоб сўњбат дошту бо онњо роњи донишро мепаймуд, мубориза мебурд. Шахси нодоне, ки китоб намехонад, беадаб аст, тањаммул накарда, ваќту беваќт ба дигарон халал мерасонад. 17. Вазифаи хонагї: а) хондани сањифањои 87-89-99-100. б) байти сањифаи 100-умро ба наср гардонида, дар дафтари адабиёт нависед 18. Бањогузорї ва љамъбасти дарс. Наќшаи як соат дарси намунавї дар синфи 7 Мавзўъ: Хониши ќисмњои ба шуљоатмандиву тањаммулпазирї бахшидашудаи «Ривояти суѓдї»-и Сотим Улуuзода. Маќсад: а) бењтар намудани санъати китобхонии хонандагон; б) дар дили шогирдон бедор намудани њисси тоќатовариву тањаммулгарої; в) инкишоф додани нутќ. Усули дарс: сўњбат Дастур барои дарс: лавња, вараќчањо, расми мўрча ва шер. Равиши дарс 1.Кори мустаќилонаи эљодї Љумла ё байти аз ин кори мустаќилона њосилшуда њамчун аввалсухани калидї, яъне эпиграф хизмат мекунад. Бачањо аз рўи тартиби алифбои тољикї ба љои раќамњо њарфњоро мегузоранд. 62

22, 1, 19, 6, 1, 23, 21, 31, 11, 14, 7, 2, 19, 12, 2, 24, 3, 1, 6, 8, 21, 10, 2, 7, 22, 1, 2, 21, 12, 2, 1, 21, 1, 22, 3, 19, 12, 14, 24, 18, 1, 6, 14, 19, 21. Дар натиљаи љобаљо гузоштани њарф ва вожањо байти зерин њосил мешавад: Саодат бо шикебої бувад ёр, Зи бесабрї ба расвої кунад кор. Фањмондани маънии байт: Агар тањаммул кунї, хушбахт хоњи шуд, агар тањаммул накунї, шарманда мешавї. Эълони мавзўъ: Мурод ва номуродї, сањифањои 213-223-и китоби дарсї. Хониши адабии ќисса: Њангоми бо навбат мутолиа кардани хонандагон омўзгор ба се ё чањор нафар хонанда мефармояд, ки луѓати чанд калимаро бо шарњу эзоњаш дар тахтаи синф нависанд: Чокарон – сарбозон Мушояат – њамроњї кардан Бозоргон – савдогар Бодия – биёбон Сарќат – сардор, саркарда Шимну – шайтон, иблис Зарвон, Баг, Митра – номи худоён Маuунат – рўњонии калони зардуштиён Ваuн – ибодатхона Ишхид – лаќаби шоњон. Сўњбат аз рўи мазмуни матни хондашуда. Муаллим: -Дар сари Виркан чї гуна њавас пайдо шуд? Хонанда: Дар сари Виркан њаваси бо пањ­ лавони Суѓд Ёдихишетак ќувваозмої кардан пайдо шуд. Муаллим: -Чаро Виркан гапи падар ва занашро нагирифт? Хонандагон: -Зеро вай хеле љавон буду чї будани тањаммулро намедонист. Бо таърифи љўрањояш тезтар ба мурод расидан мехост. Муаллим: -Фаќат таърифи рафиќонаш сабаб шуд, ки вай ба доми њавас печад? Хонандагон: -Оилаи Вирканино камбаuал буд, мехост аз мўњтољї халос шавад. Муаллим: -Боз кї дар симои Виркан нишонаи пањлавониро надид? Хонандагон: -Рўњонии зардуштиён Маuунат… Албатта, хонандагон ба саволњо бо ёрї ва луќмапартоии омўзгор љавоб медињанд. Агар ба саволи устод љавоб наёбанд, бо талаби ў љои даркориро аз китоби дарсї ёфта, аз сари нав мехонанд. Ёфтани муродифоти тањаммул. «Маорифи Тољикистон», 2013, №2


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ Тањаммул – сабру тоќат, бурдборї, шикебої, устуворї, матонат Машѓулиятњо оид ба мавзўъњои гузашта. Омўзгор ба хонандагон расмњои шер ва мўрчаро нишон медињад. Хонандагоне, ки аз ин ишораи хомўшонаи муаллим пай бурда бошанд, ба назди тахтаи синф баромада, наќши шер ва мўрчаро мебозанд. Шер: Ба њар кї бингарам, љигараш об мешавад, Аз мўр камтаранд ба чашмам бањодурон. Мўрча: Аз иттифоќи мўрчагон ѓофилї магар, В-арна чаро њаќир шумориву нотавон? Хўроки ањли байти ман аз нитољи ту, Доим пур аст хонам аз шербаччагон. Тифлони ширмасти ман имрўз шергир, Хешони нотавони мананд аз ту комрон… Мустањкам намудани мавзўъ. Ќироати ифо­ данок. Дар ин ќисмат хонандагон бо набарди Виркон бо Ёдихишетак шинос мешаванд ва ба хулосае меоянд, ки шахси бетањаммул оќибат шарманда мешавад. Дар охир маќолу панду ангезаро оид ба тањаммулгароиро ба забон меоранд, мисли «Сабр кунї, аз uўра њалво мепазад», «Сабр талх

аст, вале меваи ширин дорад», «Љавњари аќл тањаммул аст», «Калиди дари маќсад сабр аст», «Тањаммул накунї, шарманда мешавї», «Мўрча барои он шуљоатманд аст, ки ба њама корњои душвор тањаммул мекунад», «Як сабр куну њазор афсўс махўр», «Сухани дигаронро ботањаммул шунидан одамгарист». «Виркан сухани падарро шунидан нахост, барои њамин њам маuлуб шуд»… Тартиб додани наќшаи мазмуни матни хон­ дашуда. Санљиши дониши хонандагон оид ба мавзўъњои њозира ва гузашта. – Аз матни хондашуда ташбењ ва истиорањоро ёбед. Љавоб: -Дастњояшонро чун боли уќоб, шутурмурuвор, арuамчинвор, вазни филона, пойњои оњанини Ёдихишетак, сутун шуда, ба нерў шерро монад, ба тезчангї палангро ва ба чобукї гурбаро… Вазифаи хонагї: Хондани сањифањои 218-223; ба саволи «Чаро Виркан мурданро аз ѓуломї авло донист?» љавоб нависед. Бањогузорї ва љамъбасти дарс.

Абдурањим ЌУРБОНОВ, мудири шўъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф дар вилояти Суѓд

ФАРДО АЗ ИМРЎЗ ВОБАСТА АСТ Рушди њамаљонибаи кулли соњањои хољагии халќ, таъмини амнияти милливу давлатї, болоравии сатњу сифати зиндагии мардум, азхудкунии имкониятњои нави технологї ва умуман пешрафти бемайлони љомеа ба сурати мустаќим ба соњаи маориф ва ташкили љараёни мураттабу босамари таълиму тарбия вобаста аст. Дар ин замина Президенти кишвар мўњтарам Эмомалї Рањмон хеле бамаврид фармудаанд: «Таќозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муас­ сисањои таълимї бояд пайваста боло равад, ба талаботи тањсилот

дар кишварњои пешрафта ва бозори мењнати ватаниву љањонї љавобгў бошад». Дар њаллу фасли масъалањои вобаста ба маориф, татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришњои Президенти мамлакат, амру фармоишњои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон наќши Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф хеле назаррас аст. Ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 105, аз 03.03.2007 дар вилояти Суѓд шўъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соњаи

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

маориф ва дар шањру н о ­њ и я ­ њои вилоят бахшњои он ба фаъ­ олият оѓоз намуда, назорати мутамар­кази давлатиро ба фаъолияти муассисањои соњаи маориф амалї месозанд. Дар асоси низомнома шўъба ва бахшњои Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маорифи назди раёсат ва шўъбањои маориф аттестатсия ва аккредитатсияи муассисањои таълимии таълимї, ташхиси иљозатномањињии онњо, мони63


НАБЗИ САЊЕЊИ МАОРИФ торинги сифати тањсилотро дар доираи муќаррарот мегузаронанд. Дар давоми соли 2012 шўъ­ баи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф аттестатсияи 3 муассисаи тањ­силоти миёнаи умумии ху­ сусї, 5 аккредитатсия ва ташхиси иљозатномадињии 2 мактаби хусусї, 3 кўдакистон, 3 курс­њои таълими компютер ва забономўзиро гузаронид. Аз љониби шўъбаи вилоятї ва бахшњои шањрию ноњиявии хадамот мониторинги сатњи дониш­ андўзии хонандагони муассисањои тањсилоти умумї гузаронида шуд, ки ба онњо 57871 нафар хонандагон љалб гардида, бањои миёна 3,2 ва бањои мусбї 82,1 % муайян карда шуд. Фаъолияти курсњои кўтоњ­муд­ дати омўзиши забонњо ва компютерии марказњои таълимии «Асри Нав», «Паймон», маркази интеллектуалї ва таълимии «Доно», иттињодияи љамъиятии «Маркази омўзишии Драйвер», љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Нури хирад» мавриди санљиш ќарор гирифтанд. Курсњои кўтоњмуддати омўзиши компютер ва забонњои ташкилоти љамъиятии «Маркази омўзишии Драйвер», љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Нури хирад», љамъияти дорои масъулияташ мањдуди маркази интеллектуалїтаълимии «Доно»-и шањри Хуљанд аз ташхиси иљозатномадињї гузаронида шуда, ба муассисањои мазкур иљозатномаи пешбурди фаъолияти таълимї дода шуд. Дар асоси наќшаи корї фаъолияти муассисањои тањсилоти томактабии ѓайридавлатии хусусии «Садбарг»-и шањри Истаравшан, «Парасту»-и ноњияи Б.Ѓафуров, «Эврика» -и шањри Чкалов, «Айём» -и шањри Конибодом ва «Дилоро»-и шањри Хуљанд санљида шуда, натиљаи он дар љаласаи мушовараи раёсати маорифи вилоят мавриди муњокима ќарор дода шуд. 64

Бо маќсади ташаккули мањо­ рати касбии кормандони башхњои хадамот, табодули таљрибаи пеш­ ќадам ва бењтар гардидани сифати фаъолият дар ин самт дар мавзўъњои «Татбиќи Барномаи идоракунии сифати тањсилот», «Усули њуљљатгузорї дар раванди аттестатсия, аккредитатсия ва банаќшагирии фаъолияти гурўњи идоракунии сифати тањсилот» семинарњои вилоятї баргузор гардид. Бояд ќайд намуд, ки вобаста ба фаъолияти гурўњњои идоракунии сифати тањсилот ва фаъолияти кормандони бахшњои Хадамоти назорат дар соњаи маориф дар шањру ноњияњои вилоят баъзе мушкилињо љой доранд. Мувофиќи маќсад мебуд, ки дар муассисањои таълимї барои бењтар шудани фаъолият ва њавасмандї ба роњбарони гурўњњои идоракунї миќдори муайяни маблаѓ пешбинї карда шавад. Њамчунин људо шудани танњо 2 воњиди корї барои бахшњои Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф дар шањру ноњияњо барои иљрои босифат ва сариваќтии вазифањо нокифоя мебошад. Тибќи дастури Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30.07.2012, № 01/1-167 бояд фаъолияти нозирони раёсатњо ва шўъбањои маориф ба фаъолияти бахшњои Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф, ки дар назди раёсату шўъбањои маорифи шањру ноњияњо ташкил карда шуда буданд, њамоњанг гардонида шуда, воњидњои кори кормандони шўъба ва бахшњои номбурда аз њисоби нозирони раёсат ва шўъбањои маориф пурра гардонида мешуданд. Ин амал дар баъзе шўъбањои маорифи шањру ноњияњо татбиќ гардида, њамчунин аз њисоби маблаѓњои суратњисоби махсус воњидњои кории шўъбањо ва миќдори кормандони хадамот пурра карда шуданд.

Дар асоси фармоиши Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон аз 21.06.2011, № 108-01-03/191 воњидњои кории бахшњои Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маорифи шањру ноњияњо на камтар аз 2 воњиди корї (сармутахассис ва мутахассиси пешбар) муайян гардидааст. Ин муќаррарот дар њамаи шањру ноњияњо амалї шуда бошад њам, дар шањри Панљакент ва ноњияи Бобољон Ѓафуров танњо 2 воњиди кории мутахассиси пешбар фаъолият менамояду халос. Бинобар пешбинї нагардидани маблаѓ барои аттестатсия, аккредитатсияи муассисањои таълимї то њол дар аксари шањру ноњияњо таълимгоњњо ройгон аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронида мешаванд. Дар асоси банди 2-и Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 54, аз 5.02.2003 «Дар бораи Ќоидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон» аттестатсия ва ак­ кре­дитатсияи муасиссањои таъ­ лимї пулакї гузаронида мешавад. Аз ин лињоз, муассисањои таъ­лимие, ки аз аттестатсия ва аккредитатсия мегузаранд, дар наќшаи харољот (смета)-и худ бо ин маќсад бояд маблаѓи заруриро пешбинї намоянд. Њамзамон ташхиси иљозатно­ мадињии муассисањои таълимї мутобиќи боби 6-и Ќарори Њу­ кумати Љумњурии Тољикистон № 172, аз 03.04.2007 «Оид ба тасдиќи Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» (дар тањрири нав), ки «Хирољ барои баррасї, додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мўњлати амали иљозатнома» унвон дорад, бояд амалї карда шавад. Такмили ихтисос ва таљриба­ ивазкунии кормандони Хадамоти давлатии назорат дар минтаќањои гуногуни љумњурї ва берун аз он бояд ба роњ монда шавад, ки барои пешрафти кори соња мусоидат хоњад кард.

«Маорифи Тољикистон», 2013, №2

Маорифи точикистон 2 2013