Журнал "Ганчи Исфара" №1, 2023

Page 1

Маҷаллаи адабию фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ №1 (62) соли 2023

Ҳомии Ватан

Ҳомии номусу виҷдони Ватан, Бонии уммеду армони Ватан.

Дар ниҳодат ишқи сӯзони Ватан, Дар лабонат ҳарфи паймони Ватан.

Дар дилат сарҷӯйи имони Ватан, Нӯш бодат луқмаи нони Ватан.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош!

Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Марди ваҳдатофари олиназар, Пуштибони қалби решу чашми тар. Синаат баҳри Ватан бошад сипар, Дар вафо истодаӣ шому саҳар.

То ки бошад зиндагонӣ бехатар, Ҳар нафас аз ҷони худ созӣ гузар.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош!

Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Ҳеҷ ҷурме нест аз чашмат ниҳон, Ҳар хато бошад ба чашми ту аён. То ки ширин бод хоби кӯдакон, То ки бошад сулҳ умре ҷовидон. Ваҳдати моро ту ҳастӣ посбон, Дур аз оғӯши ёри меҳрубон.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош!

Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Менагардӣ ҳеҷ гаҳ аз пушти ком, Суди безаҳмат туро бошад ҳаром. З-ин сабаб байни ҳама хурду бузург, Бас азиз астию соҳибэҳтиром.

Ҳамчу машъал рӯзу шаб истодаӣ, Дар дифои иззату номусу ном.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош!

Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Эй бақои ваҳдату созандагӣ, В-эй давои ҷаҳлу зулму бандагӣ.

То ту ҳастӣ, ҳаст нури зиндагӣ, Миллатамро нусрату пояндагӣ.

То ту ҳастӣ, нест миллатро дигар, Хорию зорию сарафкандагӣ.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Шукри будат мекунам гурди замон, Заҳмати ту зеби садҳо достон. З-ақли сарду қалби гарму дасти ту, Аҳриманзоде намеёбад амон.

Хору хас кам шуд агар дар рӯзгор, Соф бошад дар сари мо осмон.

Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош!

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН Раиси шаҳри Исфара

СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД Дотсент, адабиётшинос

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир

ҲУСНИ САБОҲ

СУБҲОН ЁДГОРӢ

МУАССИС:

Мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

ИСМАТУЛЛОҲИ АБДУЛЛОҲ

Шоир

СУДУРИДДИН МАҲКАМОВ Собиқадори матбуот

Нишонии мо: шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б. Маҳкамов 63. Телефон: (83462) 2-49-73.

Ҷойи чоп: ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" Теъдоди нашр 500 нусха. Маҷалла дар ду моҳ як маротиба чоп мешавад.

ГУЛЧЕҲРА РАҲИМОВА ЗУБАЙДУЛЛО ШОМАДОВ Аксбардор

ФАТҲУЛЛО САЙИДОВ Ороишгар

Мавқеи маҷалла на ҳамеша бо мавқеи муаллифон мувофиқат мекунад, аммо ҳайати таҳририя ба хотири риояи талаботи демократӣ ақидаҳои гуногунро манзури хонандагон менамояд. Дастнавис ва суратҳои ба идора воридмешуда баргардонида намешаванд. Маводи муаллифони беруна дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфиArial, андозаи 14 пазируфта мешавад. Е-mail: imruz676@gmail.com

Бо ташаббуси Асосгузори

сулҳу ваҳдати миллӣ -

Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо

теъдоди як миллион нусха нашр

шудани китоби “Тоҷикон”-и

аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба

таври ройгон дастрас намудани

он ба ҳар як оилаи кишвар

ҳодисае буд басо фараҳафзо ва

таърихӣ.

Дар ҳар як хонадони Исфарамарз ин туҳфаи қиматбаҳои Пешвои миллатро бо сипосгузории бепоён пазируфта, мутолиа менамоянд, меомӯзанд ва ҳамчун дастури зиндагии минбаъдаи худ меҳисобанд. Ин китоб таҷассумгари таърихи қадимаи мардуми тоҷик аст, ки бо сохтанҳову сӯхтанҳоихудтобаинрӯзрасидааст

-МаназиниқдоминекиСарваридавлат ЭмомалӣРаҳмонмеболам,-мегӯяд,якеаз нафақахӯрон, сокини шаҳри Исфара, - ин китобродарпаҳлуикитобиҚуръонишариф мегузорам, ки ҳамеша рӯи дастам бошад, зеро аз ҷаҳди доимӣ дар самти худшиносӣ одам худошинос мегардад. Барои ободии Ватан заҳмат кашидану баҳраш ҷон нисор карданазгуфтаҳоиӯст

- Дар таълими ҷавонон, ки ҷамъияти созандаи имрӯзу фардои давлат ва Ватан ҳастанд, аз таълимоти китоби “Тоҷикон” истифода мекунам, - иброз медорад яке аз омӯзгорони мактаби деҳа, - Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корномаҳои аҷдодони гузаштаибоҳимматашшиносшуда,онҳоро дарҳофизаи таърихиашҷойдиҳад.

Дар пешгуфтори китоби "Тоҷикон" омадааст: “Истилои муғул ба мардуми ориёнажод зарбаи ҳалокатовар зад ва боиси харобиву таназзули ин минтақаи пешрафта гардид Оқибати фоҷиабори истилои муғул, ба ақидаи донишманд (Б Ғафуров) пешрафти минбаъдаи

Тоҷикон ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023 1
Аҷргузорӣ
ба китоби «Тоҷикон»

Тоҷикон

иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро ба муддати тӯлонӣақибпартофт”.(саҳ.13)

"Пайомади истилои аҷнабиён ва хоинию нотавонии масъулони он давр боиси байни давлатҳои мухталиф тақсим шудани халқи тоҷик гашт, - афзудаанд Сарваридавлатитоҷикон.

Ҷои дигар Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Муҳимтарин масъалае, ки академик Бобоҷон Ғафуров ба миён гузаштаанд, мавзуи умумияти ҳиндуориёиҳо, ориёиҳо ва роҳҳои кӯчи қавму қабилаҳои ҳиндуэронӣ дар аҳди биринҷӣ мебошад. Хулоса Осиёи Миёна ва қаламравҳоиҳамҷаворионмарказиасосии ташаккул ва густариши ақвому қабоили ориёӣ

буданд.”

Ин навиштаҳо моро ба андешаи жарф водормекунад.

Шаҳри Шероз. Тахти Ҷамшед. Таърихи

зиёда аз дуҳазорсолаи ин офариниши бемисли одамӣ, ки ба тасаввурот намеғунҷад, манзарае дорад, ки дар девораи қаср таҷассум ёфааст Шоҳи дар тахт нишаста намояндагони қавму қабилаҳои гуногунро бо навбат қабул дорад. Дар ин қатор ҳокими Самарқанд бо чеҳраи зебои ориёӣ низ истодааст. Бо қабоихушнамудуолитаборитоҷикӣ.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист ки

атрофииншаҳриазазалтоҷикӣдаркитоби алломаБобоҷон

Ғафуров"Тоҷикон"

сухани зиёд гуфта шудааст. Шукрона, ки ба ҳайси сайёҳ бошад ҳам, зиёрати хоки ин шаҳри зебо кунун моро даст медиҳад. Месазад ДаҳбедиСамарқандродиданкард,зерообу хоки чаҳор қаҳрамони миллати тоҷик аз ин диёрманшаъмегирад.

Бале,саҳифаҳоитаърихимиллатпураз корнамоӣ, мардумсолорӣ, шаҳрсозиву ободкорӣҳастанд.

Пешвои миллат беҳуда таъкид накардаанд: “Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, кидартаърихимиллатамонборҳоиттифоқ афтодааст, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳидтар гардем, ба рамзҳои давлатдорӣ арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллати худ саҳми арзандагузорем”.

Мо ба ҳамдиёрон, хусусан ба ҷавонон муроҷиат мекунем, ки китоби “Тоҷикон” ва дигар китобҳои ба мавзуи ватандӯстӣ бахшидашударохонандубақадриВатанва Истиқлолиятрасанд.

Абдухалил ШАРИФОВ.

ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023 2

Роғун - фардои дурахшон!

«Дар ояндаи наздик дар сурати бунёд гардидани неругоҳи барқии обии «Роғун» ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа манфиати зиёд хоҳанд дид. Пеш аз ҳама, дар Осиёи Марказӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ афзуда, мардумони як қатор кишварҳои минтақа аз барқи арзон бархӯрдор мегарданд». Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН.

Появу бунёд ва сарчашмаи ҳама

гуна пешравӣ, рушду инкишоф, ваҳдату суботи ҳар як давлати муосирро истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣваягонагӣташкилменамояд. Қадами нахустин дар роҳи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991эълон шудани Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистонгузошта шудааст

Ин сана воқеан таърихию сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст,киҳазорсолаҳодарталошионбуданд.

Сарфи назар аз мушкилоту муносибатҳои сиёсиву иқтисодии замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз истиқлолияти хеш дифоъ намояд ва давлати ҷавони худро тайизиёдааз31 сол азбуҳронисиёсивуиқтисодӣраҳобахшад.

Файзу баракати соҳибистиқлолӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист онро ҳамчун

дастовардибеназиримиллатдарсадаиХХ нишон диҳад ва моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати давлатдор муаррифӣ намуда, ҳалқаигусастаидавлатдориро,киҳазорсол пеш канда шуда буд, аз нав пайваст созад ва тоҷик дар ин раванди бошитоби ҷаҳонишавӣҳамчунмиллатбоқӣмонад. Зикркарданбамавридаст,киҳамагоназ бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолият бохабаранд. Ин дастовардҳо аз тарафи олимону таърихшиносон ва мутахассисон рӯйи коғаз оварда шудаанд. Азҷумла,бадастоварданиваҳдатимиллӣ, сулҳу суботу амнияти ҷомеа, таъмини озодиҳои инсон, беҳбудии сатҳи зиндагии иҷтимоии мардум, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гуреза, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, таҳкими низоми давлатдории демократӣ ва дунявӣ,

3 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
ъне нигоҳ доштани якпорчагӣ,
я

Сохтмони аср

соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ ва ғайраҳо мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзишҳои умумибашарӣ ва арзишҳои миллӣ созгор оварда шуданд ва равандҳои демократӣ дартамомисохторҳоидавлативуҷамъиятӣ, ҳамзамон бо ҳифзу асолати миллӣ густаришпайдокардаанд.

Бо ҳидоят ва иқдоми хушоянди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аз ҳарвақта бештар ба таърихамон рӯ овардем, саҳифаҳои ифтихорангез ва ибратомӯзи онро варақгардон карда, ба қавли бузургвор Мавлавӣ, рисолати миллати хешро ҷӯё шудем. Далели ин матлаб дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардидани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёгонамон«Авесто»,ҳазораи«Шоҳнома»и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, бузургдошти Имоми Аъзам, ҷашнҳои таърихии Истаравшану Кӯлоб, сеҳазорсолагии Ҳисори бостон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, санаҳои муқаддаси милодии нобиғаҳои илму адаб вафарҳангиниёгонимо,азқабилиБорбади хунёгар, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Носири Хусраву Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ Соли таҷлили 1150 солагии

ҷомеа ба ҳисоб меравад ва он ҳамчун наҷотбахши зиндагии инсоният дар ҳама давру замон нақши ҳалкунанда дорад.

Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи таъмин намудани сайёра бо оби ошомиданӣ дар меҳвари фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ,азҷумлаСММқарордорад ва ташаббускори ин ҳадафи бузурги Тоҷикистонмебошад.

Дар ин самт саҳм ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст, ки бо он иқдоми неки ишон солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Бо ин муносибат чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ даршаҳриДушанбебаргузоргардидандва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуданд.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дарёҳову обҳоимусаффодарқаторипешрафтатарин давлатҳост Об бойигарии асосии кишвари мо маҳсуб шуда, манбаи истеҳсоли «энергияи сабз» аст Дар дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо неругоҳи хурду калон сохташудаанд.

Дардоираиинҳадафҳосолҳоиохирдар «Помир-1» моҳи ори т да, ти

4
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
қ А к Наврӯз г м ёф

Россия ва Эрон сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” мавриди истифода қарор гирифтанд ва ин раванди бунёдкориву созандагиҳобомаромидомадорад.

Сохтмони нодиртарин иншооти аср дар дунё-неругоҳибарқиобииРоғунмебошад. Воқеан, бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгари асоси ин кохи нурофарин мебошанд, нури Роғун дастраси ҳар як хонадону мардуми Тоҷикистон гашт ва бо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошташуд.

Ҷоизи қайд аст, ки 16-уми ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвоимиллатмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон нахустагрегати неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ифтитоҳ бахшиданд, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон чун рӯйдоди муҳимму хотирмон ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Вақте ки дар қатори дигарон ман тавассути оинаи нилгун аз сафари кории Пешвои муаззами миллат ба Роғун гузориши мустақимеро тамошо кардам, ба ҳайратмондам.

Чунки Сарвари давлат савори трактори азим шуда, аввалин регу шағалро барои гирифтани пеши роҳи дарё ва бунёди дарғот рӯйи об рехтанд. Дами оби дарё баста шуд, ашки шодӣ дар чашмони халқ, азҷумладарчашмонибанданизҳалқазад. Ман гумон кардам, ки ин амал шояд рамзӣ 3-4 дақиқа сурат бигирад. Аммо Сарвари давлатамон то баста шудани маҷрои дарё сари фармони мошини азим нишаста буданд. Дидани ин саҳна дар қалби ҳар як соҳибватан ифтихорро меафзуд ва бори

масъулияти ватандориро барои ҳар тоҷик дучандмекард.Ҳамонзамонғуруримиллии ҳар фарди тоҷик боло гирифт. Халқи тоҷик, бахусус иштирокдорону сохтмончиёни ин иншоотибузургботалошидаҳчандбакору вазифаи худ часпиданд. Аз он рӯз эътиборанҳаётумамотитоҷиконбуданиин иншооти бузургро ҳамагон дарк намуда, ҷиддан ба эҳсоси гарму ҷӯшон ба вазифаи худкамариҳимматбастанд.

-Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамонмегардад,-изҳордоштандзимни суханрониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури иштирокдорони ин маъракаи тантанавӣ, намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам,азҷумлаРоссия,Италия,Ҳиндустон, Афғонистон,Беларус,Украина,Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ,собиқадоронибунёдиРоғун вабунёдгаронинеругоҳ.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо коргарони Неругоҳи барқи обии Роғун (13.07.2022) бамаврид таъкид карданд: “Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ ба истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад Тоҷикистон аз рӯйи фоизу истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад”.

Бунёди НБО «Роғун» ин бузургтарин

5 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Сохтмони аср

иқдоми созандаи Пешвои миллатамон мебошад ва сохтмон дар ин иншооти аср бомаромҷараёндорад.Сарваридавлатба ин иншооти аср мунтазам сафар мекунанд ва аз раванди бунёдкориҳо аз наздик ошно мегарданд, ки аз ҳаётиву муҳим будани он барои рушди пешрафти кишвар шаҳодат медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки се ҳадафи стратегии кишвар: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ татбиқ гардиданд. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аст, ки бевосита ба бунёди НБО «Роғун» иртибот дорад. Чунки ба сохтмони корхонаҳои бузург қадамҳои устувор гузошта шуд. Рушди иқтисодиёти кишвар,зиёдгардиданиаҳолииҷумҳурӣва баландбардоштанисатҳусифатизиндагии мардум тадриҷан талабот ба неруи барқро афзоишмедиҳад.Ҳамчунинтабдилдодани кишвар аз сохтори аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ талабот ба неруи барқро зиёд мегардонад. Пешвои миллат дар суханрониашон қайд карданд: «Ибтидои соли ҷорӣ панҷсолаи саноаткунонии мамлакат шуруъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуда, аҳли илму адаб ва рӯзноманигорону публитсистонро

баҳри тасвири раванди бунёдкориҳо дар НБО«Роғун»даъват карданд.

НБО «Роғун» кохи нур ва майдони нангу номуси ватандорист, маҳз иродату садоқат ваҷасоратуватандӯстииПешвоимуаззами миллатаст,кикишварамондарҳамасамтҳо ба пешравиҳо ноил мегардад. Ҷоизи қайд аст, ки бо иштироки Пешвои миллат НБО «Роғун» 29-уми октябри соли 2016 оғоз гардид ва 16-уми ноябри соли 2018 чархи аввалва9-умисентябри2019чархидуюми НБО «Роғун» ба истифода дода шуд ва он тантанаи таърихӣ дар васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ба таври густурда инъикосёфт

Дар он лаҳзаҳои хурсандибахш вуҷуди ҳар инсонро меҳри Ватан ва ифтихори миллӣ фаро мегирифт, зеро неругоҳи мазкур ифтихори тоҷикон ва Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу ваҳдат расидан,аз пешрафту

гул-гулшукуфии

кишвар болида гаштан, хидмати қаҳрамонони арсаи меҳнат, сиёсати сулҳофариюбунёдкорииПешвоимиллатро дастгирӣ намудан ва дар рушди пешрафти кишвари азизамон - Тоҷикистон саҳм

6
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
р

Ғаниҷон

МУЛЛОЕВ,

сармуҳаррири «Насими

Исфара», солҳои 1954-1975

АЛИХӮҶААШ КӢ?

Дар гӯшаи танқидии “Ҷайра” қассоби ноинсофе бо имзои Алихӯҷа ҳаҷв карда шуд. Одатан бо имзоҳои мустаори Алихӯҷа ва Хӯҷаалӣ Ғаниҷон Муллоев ҳаҷву танқид менавиштанд.

Рӯзи дигар ҳадафи танқид - қассоби беинсоф,киазҳадасабонивумуттаҳамҳам будааст, ба идораи рӯзнома омада, ғавғо бардошт

-Ҳуъ зани Алихӯҷаро фалон, - аррос мезад қассоб. – Ҳозир каллаашро себча барингирифтанапартоям,номамодамне,дастбакордиғилофбурдӯ.

Яклаҳзаҳамамотумаҳбутшудем.

-Ҳуъ зани дурӯғчиро ман ҳам фалон. Наход Алихӯҷа дурӯғ навишта бошад-а?

Пагоҳа худаш аз кор пеш мекунам, - гӯён қассоброазбозуяшдошта,бадафтарикорӣ гирифтадаромаданМуллоев.

Пас аз муддате қассоб чун абрешими мулоимазидораирӯзномабаромадарафт

мекарданд. Муллоев қаноатманд аз гапи худберунрафтанд.

Дар қишлоқи Сурх колхозе буд бо номи Ленин. Бо кадом сабабе фермаи шириаш футур рафт, говҳо нимгӣ шир медодагӣ шуданд. Дар маҷлиси район ба сари калонҳои хоҷагӣ борони маломат тӯда карданд.

Муллоев ба гӯшаи “Ҷайра” ҳангома бардоштанд бо номи “ГОВҲОИ ПӮПАКДУМ”. Дароназҷумлагуфтамешуд, ки дар қишлоқи Сурх модаговҳо қисир мондаанд, калонҳои колхоз бепарво шудаанд Нозу нузи говҳои пӯпакдум баланд шуда, аз баҳри ширдиҳӣ баромадаандвағайраюҳоказо.

Инро бинед, ки аз пӯпакдум гуфтан коргарони ферма ва боз чанд гапрасҳои колхоз димоғсӯхта шудаанду аз баҳри обунашавӣ ба “Коммунисти Исфара” баромадаанд. Муллоев баъдтар ба мо гӯшрас намуданд, ки дар назди мардуми қишлоқи Сурх зинҳор калимаи “дум”-ро ба забон нагиред. Алалхусус дар маъракаи обунақабулкунӣ.

ЛАҚАБ

Корманди рӯзнома Зайниддин Валиев дар қабулгоҳ ба Муллоев тақлид карда, омиронароҳравонбодудастшимротоноф бардошта, ҳозиринро хандонанӣ мешуд. ИттифоқоғайричашмдоштхудиМуллоеваз дар берун шуда, чашмашон ба Валиев афтод:

-Ҳа Зайнӣ Валӣ, тинҷӣ-мӣ? –аз ҳодиса бехабар пурсиданд Муллоев. Як хислати Муллоевҳаминбуд,киаксарномунасабро каммегирифтанд.

Ранги Зайниддин пахтасон канд. Вай ба таври ҳайратовар ба фарш ва таги миз хам шуда, қоғазҳои набударо чида, ба қуттӣ гӯё мепартофт.

-М-м-ман муаллим маззам не, – гунгулак шудабудӯ.

-Аз ин пеш маззат буд-мӣ?-пурсиданд Муллоев.

Ханда гулдуррос зад. Мушаррафхону Ҳикматхон аз

Муҳаррир ба ҳар кас лақаб монданро дӯст медошт Муҳосиб барои тундхӯияш Ханҷархон ном дошту котиба барои нозукиаш Маҳтобхон. Ҳатто яке аз ходимони барои иштиҳои қозгираш Аждаҳорномгирифтабуд.

Ҳаргоҳвақтекиошипаловиҳарифонаба рӯйи дастархон гузошта мешуд, овози муҳаррирбаландсадомедод:

-БаАждаҳорчумчадиҳед,набошадошро дарякзумдаммекашад.

БА КОР ҚАБУЛКУНӢ

Ғанӣ Муллоев ҳангоми ба кор қабул намудан дар баробари навишта тавонистану қаламкаш будани корҷӯянда ба поквиҷдонии ӯ низ диққати хосса медодаанд. Барои муайян кардани поквиҷдониикормандиояндаусулиаҷоибе истифода мебурдаанд. (Аз ин усул

7 Аз хотироти рӯзноманигорон ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
М-М-МАН МУАЛЛИМ
оби чашм пок
ханда
ГОВҲОИ ПӮПАКДУМ

рӯзноманигорон

коргарони собиқадор бохабар буда, ба он аҳамият ва ба корманди нав хабар намедодаанд).

Аз корҷӯянда пинҳонӣ маблағи муайянеро аз кисаашон дар рӯйи фарш меафтонидаанду худро ба нодонӣ мезадаанд. Агар коргари нав маблағро ёфта, дар ҷустуҷӯйи соҳиби он шавад, ҳатманбакорқабулменамудаанд,даракси ҳол роҳи идораи рӯзномаро гум карданаш зарурбудааст.

Ҳошим

Мактабхон будам, ба ҳама чиз сарфаҳм намерафтам, ба рӯзномаву маҷаллаҳо шавқ доштам. Медидам, ки дар рӯзномаҳо чоп мешаванд сарлавҳаи мақолаю баъд дарқафокалимаиТАСС.

Дар деҳаи Октябр (ҳоло Хоҷаи Аъло) мардум бо ҳашар як ҷӯйи дарозе канданд. Вай имкон дод, ки анча замини бағалкӯҳ обшор шавад. Ин воқеа ба мани ҳаваскор “илҳом”додааствабочунинсатрҳохабарча навишта, ба редаксия фиристодам: “ҶӮЙИ НАВ.ТАСС”.Колхозчиёнваколхозчизанони қишлоқи Октябр миёнро маҳкам баста, ба ҳашар баромадаанд, ҷӯйи нав кофтанд, оброравонкардаанд...”

Дар редаксия хабарчаро хонда, хуб хандидаанд. Вале мухбирча ҳавасманд шавадгуфта,онробоислоҳуиловаҳодарҷ карданд. Хурсандии маро тасаввур кунеддия!

Тақозоиҳаётбудааст.Гӯёорзукардаюба орзу расидан барин ман бо мурури замон мухбири ТоҷикТА ва ТАСС “Агентии ТелеграфииИттиҳодиШӯравӣ)шудам.

НОС ТУФ КАРД

Байни ду ҳамсоя ба якпула гап хархаша хест

-Ту чуба аз болои девор ба рӯйи ҳавлии манностуфкардӣ?-гуфтАмон.

-Шохи шафтолую носфӯтаи ту ба рӯйи

ҳавлии ман соя партофтагӣ, резакорима ӯсмиш карданба намемонад. Чуба шохи дарахтотанамебуррӣ?–дӯғзадРаҳмон.

Бо қаламдоди корманди газета ин хархашадаргӯшаи“Ҷайра”чопшуд,зераш имзои “ХӮҶААЛӢ”. Рӯзи дигар марде аз тоифаи ялангтӯши кинонгӣ омада, редаксияробасарашбардошт:“Кӣбудааст Хӯҷаалӣ?” Онаи зораша нишон медиҳам!

Ба ҳавлии кӣ нос туф кардагима исбот кунад. Агар не, худаша туҳматчӣ гуфта менависам, ба газит зада набароретон-чӣ, саратончандта?

Муллоев ялангтӯшро (Раҳмон будааст) хеле насиҳат кардаю мулоимакак бароварда гуселониданд То ҷангҷоли ояндагӯшумайнаамонтинҷшуд.

дар солҳои 50-70-уми

асри гузашта

НОММОНӢ

-Дар оилаи касе ҳамин ки дугоник таваллуд ёфт, чун анъана дарҳол Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаю Заҳро мегузоранд,ранҷишомезгуфтбореОртиқбойҚурбонов. –Ҳозир қисми зиёди аҳолии шаҳр соҳиби чунинномҳоянд.

-Наход шумо ба дугоникҳо дигар номҳо гузоштанӣ бошед?- пурсид ҳамкоре шӯхиомезона.

-Ба фикрам ба дугоникҳо Алихӯҷаю Хӯҷаалӣ, Алишеру Шералӣ ва Рафоату Бафоатномниҳанд,айнимуддаомешуд. Муҳаррир, ки дар ин баҳс ҳозир буду бо имзоҳои мустаори Алихӯҷаю Хӯҷаалӣ мақолаҳои танқидӣ менавишт, якбора шӯридагуфт:

-Агар ягон хешатон дугоник таваллуд кунад,ОртиқуБеортиқҳамноммонед.

ТАБИБ

Ортиқбой-ако боре шунид, ки оилаи як шиносаш муноқиша дорад Сабабашро фаҳмид.

-Шавҳаратонмехоҳад,кииндафъаписар таваллудкунед?-пурсидаззанишинос.

8 Аз хотироти
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
БОБОҶОНОВ, корманди рӯзномаи
“Насими Исфара”
дар солҳои 1954-1971
“ҶӮЙИ НАВ. ТАСС”
ОртиқбойҚУРБОНОВ, корманди рӯзнома

нишони

Аз ин маслиҳати “табиб” муддате нагузашта, зани шинос писар таваллуд кард. Аз ҳамон рӯз ба номи Ортиқбой думчаи“табиб”ҳамроҳгардид.

Абдуҳамид ВАҲҲОБОВ,

–онҳо. Инаша анд р дар ихтиёри биргад, ҳа аз ҳамон кас пурсед. Хайр майлаш, аққалан пешқадамонро номбар кунетон, - гуфтем мо суст наомада. Ҳамон занак гуфт: -Ҳамаи мо пешқадам, стахановчӣ!

“Қанд занетон” гуфтему аз ин бригада ба дигарашбаромадарафтем.

ҲаминтаврминбаъдАбдуҳамид

Қодиров

мухбирифаъолиҷамоатиирӯзномагардид.

ОНҲОМАГАРМУРҒАНД

Боре дар идораи рӯзнома ману Ҳошимҷон Бобоҷонов машғули кор будем, ки муҳаррир Ғаниҷон Муллоев дар даст қоғазеро алвонҷ дода, табассумкунон даромадаомаданд.

-Ана инро хонда, бинетон чӣ ба шумоён маъқул ё не? Хабарашро диалогборон кардааствайҚодироватон.

Қоғазро аз дасти муҳаррир гирифта ба хондан сар кардам: “Вақте ки мо ба бригадаи 5-уми колхози Октябр омадем, якчанд нафар занону духтарон дар қитъаи заминисарироҳмашғулипахтакаландкунӣ буданд. Ба назди онҳо рафта “Салом гуфтем мо”. “Ваалайкум салом” – гуфтанд онҳо.Корҳочӣтавр?–гуфтеммо.Корҳобад

Яке аз кормандони нав ба кор қабулшудаи рӯзнома аз деҳаи Ворух Бақохӯҷа Тошхӯҷаев хеле одами хушчақчақу чеҳракушод буд. Чизҳои ҷиддӣ нанависадҳам,бақавлимуҳаррирҒаниҷон Муллоев ҳама “Одами зарурӣ” мегуфтанд. Вай омаду мушкили бакавулҳо О.Қурбонов ва К.Воҳидов осон гашт. Зеро вазифаи ошпазиропуррабазиммагирифт.

Дар яке аз летучкаҳо муҳаррир Муллоев аз ғаладони мизи кориашон қоғазеро бароварда ба

Тошхӯҷаев гуфтанд:

Бақохӯҷа онҳо духтарҳо буданд, ё мурғ, ки охлот тит мекарданд гуфтаед, о ин хел навиштани шумо айб, мухбири ҳаваскор ҳам ин хел наменависад Аққалан ба пахтазор пору медароварданд, ё ба бехи ниҳолҳо пору мепошиданд гӯед намешудмӣ?Раведе,харидкардабиёедуошапазед.

9 Аз хотироти рӯзноманигорон ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023 с
зан сақичх д
муовини сармуҳаррири
рӯзнома дар солҳои 80-ум
“ДИАЛОГҲО”-И ҚОДИРОВ

Орзу

«Орзу андар ҷавони айб нест»

Гуфта, кардам орзуи шоирӣ.

Пир гаштам, мурд дар дил орзу, Монд дар дил ишқи ашъори дарӣ.

Дил ҳамегӯяд ба ман: эй гӯй, гӯй, Гуфтаму мақбули инсонҳо нашуд.

Ҳайфи дафтарҳо, ба оташ мераванд.

Бар абас масраф намудам умри худ. * * *

Дил ҳамегӯяд, ки ношукрӣ макун, Шод будӣ, хонда шеърат дар газет.

Гар бихонад ҳофизе ашъори ту, Бар само гӯё сари ту мерасид.

Эй дили ҳассосу ҳарҷогарди ман, Боз дар пирӣ куҷоҳо мебарӣ?

Ин сари бечораамро ҳар тараф, Мебарӣ амсоли боди сарсарӣ?

Ишқи ту

Бо туву бо ишқи ту ин зиндагӣ

ҷаннат будаст, Бе туву бе ишқи ту ин зиндагӣ

даҳшат будаст.

Дар фироқат зинда будан бадтар аз мурдан будаст, Лаҳзае бо ту нишастан сад ҷаҳон роҳат будаст

Ҳар нигоҳат мекунад ҷисми маро аз нав ҷавон, Боиси пирии ҷисму қалби ман

фурқат будаст.

Дон ғанимат ҳар нафасро, к-умри инсон меравад, Ошиқонро ишқварзӣ аз азал одат будаст.

Сайри гулшан карданам бо ту, фараҳ бахшад ба дил, Бе ту сайри боғу гулшан баҳри ман заҳмат будаст.

Ёри ҷонам бар Музаффар

умри худ бахшидаӣ, То қазо бо ҳам будан

бар одамӣ давлат будаст.

Дилоро

Ҷавонӣ аз ду рӯйи ту нарафтаст, Ҳамоно чун гули садбарг рӯят.

Нигоҳат кони ишқанду муҳаббат, Дилоро абрувонат, мавҷи мӯят. * * *

Чу оҳу мехироми вақти рафтан, Ниҳоли қоматат дилҷӯву марғуб. Суханҳоят диловезанду дилкаш, Ту бар қалбам ҳамеша ҳастӣ маҳбуб. * * *

Муборак бод, азизам, рӯзи мавлуд, Бидидӣ шасту ҳафтум тирамаҳро.

Диҳад Раб давлати пирӣ ба ту ёр, Шавӣ садсолаву бошӣ дилоро.

Ағбаи ҳафтод

Ағбаи ҳафтодро бигзаштаму ҳастам равон, Сап-сафед аз барфи гардун шуд сарам сад шукр, шукр. Дурри испеди даҳонам бевафоӣ

карду рафт, Лек рӯди дил хурӯшу ҷӯш дорад шукр, шукр.

* * *

Дидаамро ин ҷаҳон чун рӯз

равшан аст, шукр, Боғи ақлам гулфишону сабзу хуррам шукр, шукр. Зӯр дорад дасту поям ман равонам, шукр, шукр, Қувва мебахшад ба ҷисмам

ҳар чӣ хӯрдам, шукр, шукр. * * *

Аҳли байтамро намо хушбахт, эй Парвардигор, Ҳар нафас бахшо ба онҳо

суру шодӣ, эй Худо.

Илтиҷо дорам, Худоё

умрашон бинмо дароз, Деҳ ба онҳо тандурустӣ

сарбаландӣ, эй Худо.

10 Пайи
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
қалам
* * *
* * *
Музаффархоҷа Қамбаров

Фидоии илм

ва педагоги

нотакрор

Ба бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ ва ба 70-солагии профессор Абдуалӣ Абдуманнонов (22.02.195320.09.2022) бахшида мешавад.

узургдошту ёдбуди олимон ва ходимони илм яке аз нишонаҳои беҳтарини қадрдонии онҳо дар

сиёсати дурандешонаи давлати соҳибистиқлолитоҷиконмебошад.

Олимон дар ҳама давру замон қишри пешрафтаи ҷамъият буданд ва муҳаррики пешравии илмҳои замонавӣ маҳсуб меёбанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар қатори дигар нобиғаҳои илми тоҷик, ба мисли Абуалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Ибни Хайсам, Абурайҳони Берунӣ нақши академикҳо С.У.Умаров, А.Адҳамов, П.Бобоҷонов, А.Ҷӯраев низ дар рушди илми тоҷик дар давраиИттиҳодиШӯравӣхелекалонаст Академик С У Умаров дар самти физикаи нимноқилҳо таҳқиқот бурдаанд ва мактаби илмии худро доштанд. Академик А Адҳамов дар пешравии физикаи назариявии тоҷик ҳиссагузоранд ва шогирдониинолимдарпешрафтифизикаи назариявӣ хизматҳои арзанда доранд. МактабиилмииакадемикП.Бобоҷоновдар омўзиши метеоритҳо ва кометаҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва муваффақиятҳои шогирдони ин олими тавоно дар рушди нуҷум назарногир нест. Мактаби илмии академик А.Ҷўраев на танҳо ифтихори илми тоҷик, балки ифтихори илми ҷаҳонӣ дар омўзиши муодилаҳои дифференсиалӣ буд. Исфара, ки аз қадим муҳити илмии ба худхосиматематикӣ-физикавиродорад,на танҳо омўзгорони асил ва тавонои илми дақиқро тарбия намудааст, балки як зумра олимони намоёни фанҳои дақиқро дар оғўшаш парваридааст. Яке аз онҳо чеҳраи шинохтаи илми муосир физикдон,

профессорАбдуалӣАбдуманноновбуданд.

Дар қатори мактабҳои илмии замони шўравӣҳиссаиПажўҳишгоҳи илмииРоссия дар Санкт-Петербург, ки номи академик А.Ф.Иофферо дорад, дар тайёр кардани олимони тоҷик дар соҳаи физикаи ҷисми сахт дар давраи шӯравӣ назаррас аст ва барои рушди илм ҳамкорӣ бо чунин мактабҳои илмӣ ва олимони намоёни он зарураст Маҳз нақши олимони ин маркази бузурги илмии шӯравӣ буд, ки олими тоҷикробаоғўшихуд гирифта,тобаунвони баланди илмии профессорӣ расонидааст. Профессор Абдуалӣ Абдуманнонов соҳибмактаб буда, дар соҳаи физикаи ҷисми сахт шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд.

Абдуалӣ Абдуманнонов 22 феврали соли 1953 дар деҳаи Қалъачаи Мазор ба дунё омадааст Аз хурдӣ меҳри ў ба омўхтани фанҳои дақиқ ба мисли математика, физика беандоза зиёд буд. Чунин меҳр буд, ки аз оилаи Абдуманноновҳо ду нафар ҳаёти худро ба пешаи омўзгорӣ дар соҳаи физика бахшиданд. Бародари хурдӣ Абдумалик Абдуманнонов омўзгори соҳибтаҷриба буда,солиёнизиёддарлитсеи№1-ишаҳри Исфара бо ҳамроҳии омўзгори номдори

11 Фарзандони
ГАНҶИИСФАРА| № 1 (62)|2023 Б
ту, Исфара!

Фарзандони ту, Исфара!

химия Азизов Абдулафиз кор кардаанд ва шогирдони ин омўзгори варзида дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз физика иштирок карда, соҳиби медалҳои нуқра ва тиллогаштаанд.

Баъди хатми МТМУ №19 Абдуалӣ Абдуманоновҳуҷҷатҳоихудробафакултаи физикаи Донишкадаи омўзгории ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Б.Ғафуров) месупорад. Соли 1975 Абдуалӣ Абдуманонов донишкадаро бо дипломисурхбаитмомрасонид.

Ҳанўздардавраидонишҷўӣўмақолаҳои илмӣменавишт.Инроомўзгоронпайбурда, бароҳиилмҳидоятнамуданд.Баъдихатми донишкада ў барои кор дар кафедра монд. Моҳи ноябри соли 1975 Абдуалӣ Абдуманнонов ба аспирантураи Пажўҳишгоҳи физикавӣ-техникии ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи фанҳои Иттиҳоди Шўравӣ дохил шуд Роҳбарони илмии профессори оянда, физикони номдор профессор В.Р.Регел ва доктори фанҳои физика-математика А М Лексовский буданд.Ҳардуиинфизикҳоимашҳуроидба омўзиши хосиятҳои физикавӣ-механикии маводҳои таркибӣ таҳқиқот мебурданд ва инсамтитаҳқиқотдарибтидоиомўзишбуд.

Соли1981АбдуалӣАбдуманноноврисолаи номзадии хуро бомуваффақият дар СанктПетербургҳимоямекунад.СипасбаХуҷанд баргашта, дар кафедраи физикаи умумии донишкадабасифатидотсенткормекунад. Соли 1982 ўро ҷонишини декани факултаи физика таъин мекунанд. Бо ташаббуси Абдуалӣ Абдуманнонов корҳои илмӣтаҳқиқотӣ, ки характери таҷрибавӣ доштанд,пешмеравад.Соли1992Абдуалӣ Абдуманнонов ба навиштани рисолаи докторӣ шурўъ мекунад ва ду сол дар Санкт-Петербург бо асбобҳои нодири физикавӣтаҷрибагузаронида,батаҳқиқоти мавзўиинтихобкардаашмашғулмешавад.

Соли 1995 ҳамчун ходими калони илмӣ ба Маркази илмии Хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор мегузарад Соли 2002 дар Донишгоҳи техникии Санкт-Петербург ҳимояи рисолаи доктории АбдуалӣАбдуманноновбаргузор мегардад.ДаррисолаидокториашАбдуалӣ Абдуманнонов мавҷудияти нуқсонҳоро дар маводи таркибӣ омўхта, механизми вайроншавии онро асоснок кардааст, ки ин

кашфиёти олими тоҷикро олимони хориҷӣ эътироф кардаанд. Дар ин самти таҳқиқот олиминамоёнитоҷикбомактабиилмиихуд вашогирдҳояшдарсафипешбуд.Абдуалӣ Абдуманнонов муаллифи зиёда аз 160 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ буда, мақолаҳои илмии ин таҷрибакори тоҷик дар Россия, ИМА, Япония, Полша, Латвия ва Украина чоп шудааст Инчунин Абдуалӣ Абдуманнонов педагоги нотакрор дар таълими физикаи ҷисми сахт буда, лексияҳои ӯ нишонрас ва ба донишҷӯён фаҳмо буд. Ба ғайр аз корҳои илмӣ А. Абдуманноновбаинтишорикитобҳоидарсӣ аз физика барои омўзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғул мешуд ва барои донишҷўён низ оид ба гузаронидани корхои лаборатории компютерӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ таълифот дошт А. Абдуманнонов маҳорати хуби педагогӣ дошта,устодиасилифаннифизикабуд.Ба аспирантон ва унвонҷўён, инчунин ба магистрантҳо курси махсуси физикаро таълим медод. Ҳунари устогӣ ва боғбонӣ низ дошт Замини санглохи гирду атрофи Маркази илмии Хуҷандро ба як боғи дилкушо ва истироҳатӣ барои олимони Марказ ҳангоми директори Маркази илмии Хуҷанд буданаш бо ҳамроҳии ҳамкорон табдилдод.

Устод Абдуалӣ Абдуманнонов табъи шоирӣ низ дошт ва аз шеърҳои шоирони тоҷик, хосса аз эҷодиёти Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ қитъаҳои зиёди шеърӣ аз ёд медонист Симои нуронӣ ва қади баланд дошт Агар Абдуалӣ Абдуманноновро намунаи олии педагог ва олими асри бисту якитоҷикгўемҳамхатонахоҳемкард.Устод шахсияти бузург, донишманди нуктасанҷ, инсониинсонҳобуд.

Боиситаассуфаст,киумриинсонинаҷиб кўтоҳ аст. Имрўз устод бо мо нест, аммо хотираҳои неке, ки ҳамкорон, дўстон, шогирдон доранд ва мероси илмие, ки устод аз худ боқӣ гузоштааст, ҳамеша зинданигоҳдорандаиномашҳастанд.

Л. МУХТОРОВ, Ф. САЛИМОВ, устодони кафедраи

технологияи иттилоотӣ ва фанҳои физика-математикаи ФДТТ дар шаҳри Исфара.

12
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Тақлиди Лоиқ

Солҳои дароз орзу

доштам дар пайравии

«Тақлиди Мавлавӣ»-и устод

Лоиқ шеъре эҷод намоям.

Баъди андеша ва ранҷҳои

тӯлонӣ шеъре бо номи

«Тақлиди Лоиқ» эҷод шуд.

Боқӣ қазоват ба дӯстдорони

шеъру сухан.

Ман махзани маъностам, Раҳҷӯю раҳпаймостам. Андар сари паймони дил, Албурзи побарҷостам.

Ман соқии ҷоми худам, Арзандаи номи худам. Ҳар он чӣ гуфтам бо қалам, Аз пухтаю хоми худам.

Гар як ҷаве дарёфтам, Аз хирмани шеъри дарӣ.

З-ин дона пур шуд дар дилам, Дурдонаи одамгарӣ.

То он даме,ки будаам, Дар хештан н-осудаам.

Дар пеши пойи нози гул, Бо гулпарастӣ мурдаам.

Гаҳ худ ба худ озурдаам, Чун тирамаҳ афсурдаам.

Гаҳ аз кафи соқии даҳр, Заҳри ҳалоҳил хӯрдаам.

Гаҳ хандам аз мастии май, Гаҳ гирям аз сардии дай.

Гоҳе занам ман пушти по, Бар маснади Ковусу Кай.

Гоҳе набудам ман ба худ, Дар зери ин чархи кабуд.

Гаҳ доғ шуд дунёи дил, Аз ҳиллаи чанде ҳасуд.

Гаҳ обаму гаҳ оташам, Гаҳ талху ширин мечашам. Гаҳ шаҳсавор, гоҳе ба пушт, Ман бори ҳастӣ мекашам.

Гоҳе ба худ гирён шудам, Бо ҳарчӣ дар исён шудам. Дар гирудори зиндагӣ, Аз тобу таб бирён шудам.

Гоҳе ба фарқи хору гул, Борон шудам, борон шудам.

Гаҳ дода ҷону дил ба гул, Як пайкари беҷон шудам.

Гоҳе чу тифли содаам, Оғӯши дил бикшодаам.

Гоҳе ба ними нози гул, Сад навбаҳорон додаам.

Ман шоири рӯйи шумо, Овора дар кӯйи шумо.

Гаҳ рост ҳамчун тиру гаҳ, Печида чун мӯйи шумо.

Боре набишносӣ маро, Суде чӣ аз ин моҷаро.

Бе ишқу бе шоир замин, То ҳашр буд мотамсаро.

Шоир бувад зеби замон, Шоир намирад ҷовидон. Нозаш бибардорад Худо.

Дар гунбади ҳафт осмон.

Як идда қавми кӯрзавқ, Бишнохт кай қадри сухан.

Ғӯтидаву ҷӯлидаанд, Дар қайди баҳси мову ман.

Шеърам гувоҳи ишқ буд, Хуршеду моҳи ишқ буд.

Ҳар сакта андар вазни ӯ, Ҷурму гуноҳи ишқ буд.

Андар қимори дилбарӣ, Ман ганҷи дилро бохтам.

Сар дода дар савдои дил, Чун қулла сар афрохтам.

Дар раҳгузори зиндагӣ, Афтидаю оқил шудам. Аз доғу дарди бекасӣ,

13 Илҳом аз Лоиқ ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Аз сад даре аз содагӣ, Нашнидаам ҳарфи вафо. Дар ҷайби ҳанноте набуд, Бар реши дил боре даво.

Бар рағми чанде гушнамаст, Ман боданӯшӣ кардаам.

Бар қасди чанде туршрӯй, Шаккарфурӯшӣ кардаам.

Дар пеши ҳар соҳибкулаҳ, Суди хирад андӯҳу ғам. Зеро ки худ аҳли риё, Мебингарад бо чашми кам.

Фарзонагӣ хоҳад дилам, То ошиқӣ фарзонагист. Девонагӣ хоҳад дилам, Чун ошиқӣ девонагист.

Гоҳе бихандам аз алам, Гоҳе бигирям бо қалам. Шамшер бистезад кунун, Бар гардану сарҳои хам.

Фарзанди ин зебозамин.

Соҳибкулоҳӣ бигзарад, Боре ба чашми кам мабин.

Донам туро, меҳри Ватан, Андар забон аст, на ба дил. Моро бувад ҳубби Ватан, Аз ҳафт пушту обу гил.

Дар умри кӯтаҳ, эй хушо, Якроҳу якрӯ будаам.

Бар рағми чанде чоплус, Ҳақҷӯйю ҳақгӯ будаам.

Ҳар кӯр кай огаҳ бувад

Аз ганҷи дунёи дилам. Барқасди муштоқони пул, Умре харидори гулам.

Воқиф наӣ аз мушкилам, Аз ҷавҳари оби гилам.

Бо олами айбу гунаҳ, Соҳибдилам, соҳибдилам.

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ.

14 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
Илҳом аз Лоиқ

Тафсири як байти Лоиқ

ё як эссеи объективӣ

Бузургонробузургонзиндамедоранд, Бузургонробузургонидигар поянда медоранд.

Шуълаи оташ ду хел мешудааст-яке месӯзонад дигаре месозонад Нурҳои офтобторикиизулмотрошикофта,равшанӣ мебахшад,чуннуриилме,кибоодамонсуд меорад. Аммо ин шуъла агар ба макони хушкидаафтад,дармегиронадвахушкутар яксонсӯхта,нобудмегардад.

Одамон низ ҳамин хеланд. Гурӯҳе дудмизоҷанд,кидилҳорооташмегиронанд ва ин дуду оташ бузург шуда, ҳазоронро фаро мегирад, ки ҳосилаш харобию оҳу нолаи ҷовидонӣ (мисли ҷанги шаҳрвандии солҳоинавадумимо).

Гурӯҳи дигар бо сухани воло дилҳоро рӯшан карда, дар замини дил тухми вафо мекорандвачуннуриховарқалбҳорогармӣ мебахшанд. Инҳо суханвароне мебошанд, кипокдилуҷавонмарданд.

Ҳофизи лисонулғайб бо ин ҳама бузургӣ бузургии Рӯдакиро эътироф мекунад ва вақте қалбашро ноҷавонмардии зимомдоронмешиканда,бафарёдмеояд:

“Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме, Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме”-гӯён дили пурдарди худро бо суханониРӯдакӣдавокарданмехоҳад:

Хез,тохотир бад-он турки самарқандӣ диҳем, К-азнасимаш“БуйиҶӯйи мӯлиён ояд ҳаме”.

Турки самарқандӣ Рӯдакии бузургвор аст ва Ҳофиз дилбохтаи ӯст, ошиқвор ӯро дӯст медорад, зеро сухани ӯ марҳами дилхастагон аст. Хотир ба ӯ додан маънии шефта шудан ба фасоҳату балоғати назми устод аст ва аз анфоси ӯ дӯст доштани Ватан,зебоиисаҳничаманбомардумонаш берун метаравад, ки Ҳофизи машҳур ба назми ӯ мардона тан медиҳад Ӯро

бузургтарин шоиридарӣмедонад.

Иоҳан Гётеи немис-машҳуртарин шоири ҒарбошиқиназмиҲофизбудааст.Бореӯро дар газета “Офтоби назми олам” менависанд: “Аммо ӯ ба ҷойи болидан гиламанд шуда, мегӯяд: «ман на офтобам, балки фақат маҳтобам , ки аз офтоб нур мегирад. Офтоб дар Шарқ тулӯъ кардааст ваонҲофизиШерозӣмебошад».

Абдураҳмони Ҷомӣ, ки адабиёти 500солаи форсу тоҷикро бо эҷодиёташ ҷамъбаст кардааст, сахиёна дар ҳаққи бузургии назми Абулқосим Фирдавсӣ дар “Баҳористон” чунин мегӯяд: “Касеро, ки чун “Шоҳнома” назме бувад, чӣ ҳоҷат ба мадҳу таърифидигарон”.Вабозинфайласуфдар ҳаққиҲофизнизгуфтааст:

Мақомуманзилатбодо биҳишти ҷовидон, Ҳофиз!

Ҳазоронраҳматиҳақбод

бар он хонадон, Ҳофиз!

ДуогӯиғарибитустҶомӣ

дар ҷаҳон, Ҳофиз!

Ғазалгуфтиюдур(р)суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз!

Кибарназмитуафшонад

фалак иқди Сурайёро.

Ҳаминпарвозҳоизеҳнӣбуданд,кисухани дарӣ-тоҷикӣсарҳадиАҷамроубуркарда,ба олам паҳн шуда рафт Ҷозеф Маккати мегӯяд: “Мардуми шарқ асрҳо устоди илму дониши миллатҳои Аврупо буданд” Ё олими дигар Вашинкен Оминк чунин баҳои мардона додааст: “Кохи тамаддуни мо –Аврупоиёнро дастҳои тавонои илму дониши шарқиён бино намудаанд. Ва миллатҳои аврупоӣ мадюни шарқиён мебошанд”.

Мӯъмин Қаноат ҳамон шоире, ки дар достонсароӣ гардиши наве ба вуҷуд овард ва шоирони русу литвонӣ ӯро устод хонданд, аз мақомаш бехуд нашуда, бо шикастанафсӣдарбораибузургииустодаш М.Турсунзодамегӯяд:

15 Ба кумаки омӯзгорон ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Ба кумаки омӯзгорон

Қасамбарҷонувиҷдониҷавонам, Агардаршеърқутбинавкушоям, Азонҳарсубҳчунахтарбароям, Баназдишеъриӯтаъзимнамоям!

Лоиқ Шералӣ ошиқи шайдои рӯбоиёти УмариХайёмбуда,бароишодмониируҳиӯ силсилаи рӯбоиёташро “ Ҷоми Хайём” ном мегузорад, ки ҳоло машҳур ба ҷаҳон шудааст Дар рӯбоие Лоиқ худрою дигар шоирони тоҷикро “Шаҳписарҳои Хайём” хондааст, ки ин чиз эҳтиром ба бузургии назми Хайёмаст:

Моҳалқаибайниаввалуанҷомем, Парвардаиасрибистуширихомем.

Хайём,кӣгуфт,будабезурёте, МодомкимошоҳписариХайёмем?!

Дар рубоии дигар Лоиқ ба истеъдоди нотакрори Хайём тан медиҳад ва мардуми дилогоҳро даъват мекунад, ки аз ҷоми лаззати шеъри Хайём бархӯрдор шаванд.

Ва ононе ки аз ин “ҷом” нахӯрданд, масти ҳамешагӣ боқӣ хоҳанд монд, яъне дар мастӣ(гумроҳӣ)монданмегиранд.

Хайём,суханҳоитунотакрораст, Ҷомихирадитуҷовидонсаршораст.

Ҳаркаскинахӯрдҷомиту, мастӣ кард, Ҳаркаскибихӯрд,оқилуҳушёраст.

Дар зиндагӣ як идда касоне ҳастанд, ки дар душвориҳои рӯзи халқ мисли ситораи думдор (шиҳоб) дар зулмати шаб як медурахшанду зуд ғоиб мешаванд. Иддаи дигарҷавонпиршудагонанд,киситораашон нур надорад. Иддаи сеюм мардони ғаюру ҷасуранд, ки барои дигарон зиндагӣ мекунанд. Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров аз чунин зумраодамонанд,кичунофтобравшанӣва ҳам гармӣ мебахшанд. Бесабаб нест, ки бо пешниҳодиПешвоимиллатбаонҳоунвони баландтарин “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.Ҳаминастпояндадоштанибузургонро бузургидигаре.

Лоиқ дар “Айнӣ” ном шеъраш чун навори силсилафилмҷонбозиҳоинависандародар тамоми соҳаҳо – ҳифзи забони тоҷикон, ҳифзитаърихиҳазорсолаиадабиётифорсу тоҷик, ҳифзи қадимӣ будани хақиқати тоҷикон аз ҳуҷуми бадгӯёни пантуркистӣ,

ҳифзи марзу буми тоҷикон ва пойдор намуданиҶумҳуриимустақилитоҷикондар якманзумачунонғунҷонидааст,кивазнияк достонро дорад. Дар ҳақиқат, тахаллуси Айнӣ аз “айн”, ки маънояш “чашм” аст, месазад,киӯрочашмимиллатитоҷикгӯем. Лоиқдарбандиохириманзумамегӯяд:

Басазхокистарихомӯш оташҳо фурӯзондӣ, Шарарҳоебасоазсангҳои сард рӯёндӣ, Саригӯриниёгонмашъалаафрӯхтӣ

аз меҳр, Азинрӯ, ҳамчумашъал

дар сари дасти замон мондӣ!

Китоби“Намунаиадабиётитоҷик”-иАйнӣ “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар фарохӣ ва силсилатасвири таърихитоҷиконназирнадорад.

Имрӯз рубоиёти Лоиқ чун таронаҳои Хайём вирди забони ҳама аст Бисёре аз шоирон бо ҳавасу эътиқод мехоҳанд, бузургии Хайёму Лоиқро дар ин намуди шеърдарккунандучизеиншокунанд.

Шоири болаёқат Исматуллоҳи Абдуллоҳ, ки садҳо рубоиёти Хайёму Лоиқро аз ёд медонад бо номи “Лоиқнома” силсилаи рубоиёт иншо кардааст, ки бо якеи он хотимамеорам.

ЗигӯшамкайравадовозиЛоиқ, ЧудунёҷовидонэҷозиЛоиқ.

Кӣмегӯяд,киЛоиқрафтноком, НадорадинтиҳоовозиЛоиқ.

Ҷ. ЭШОНОВ, омӯзгор.

16
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Наср

Бахтовари Усмон

Ин ном ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос аст. Зеро ӯ мудом тавассути Фейсбук шеърҳои худро пешкаши хонандагон мекунаду ба ин васила мехоҳад олами маҷозиидӯстдоронисуханиноброрангинтаркунад. Бахтовари Усмон дар деҳаи Ворух дар оилаи духтур ба дунё омада, бино ба изҳори худаш аввалин шеърашро дар ғами модараш навиштааст. Алҳол дар мусофирати меҳнатист ва оиладор асту соҳибидуфарзандмебошад.

Новобаста аз он, ки беш аз ду даҳсола берун аз Ватан кору фаъолият дорад, аммо мудом шеърҳояш бӯйи Ватан, орзуву омоли як нафар дӯстдори меҳанро медиҳанд. Китоби “Тулӯи Бахт” бақаламиӯтааллуқдошта,ҳамдарназмваҳамдар наср қаламфарсоӣ кардааст. Дар зер чанде аз эҷодиётиӯромеорем.

Қучқор ҷин нест

Худораҳматии бобоям молҳои хонагиро дӯст медошт Бе гову гӯсола ва гӯсфанду бузу бузғола зиндагиашро тасаввур карда наметавонист Ҳар вақте ҳамроҳи модарам бааëдаташмерафтем,ӯроҳатмандароғил ë коҳдон машғули кор меëфтем. Лабони пурхандааш аз шиками сери молҳояш дарак медоданд Лекин қадри меҳрубониҳои аз ҳад зиëди бобоямро ҷонварони безабоннамедонистанд.

Масалан ба хари бобоям каси дигар савор шуда наметавонист. Ба замин мепартофт. Ин харигарӣ нест, магар? Раваду ба пойи чап хеста бошӣ, ба говаш наздик, ки мешудӣ, зери борони шатта мемондӣ. Лекин ин ҳама як тараф буду қӯчқори шохдораш як тараф. Аз муфт хӯрдани гули беда чунон маст шуда буд, ки акнун соҳибашро намешинохт Шиками дамшуда ва шохҳои тобхӯрдааш ӯро босалобатваҳавобаланднишонмедоданд.

Оқибат ин қӯчқори одамзани аз худрафта ба дили бобоям заду онро ба бозор бурд. Азбаски қӯчкори эрка фарбеҳу баланд шуда буд, атрофаш харидорони зиëде ҷамъ омаданд. Якеи онҳо домулло

Қозибобо фардисоҳибэҳтирому соҳибном ва бисëр инсони нозуке буд. Бобоям, ки инро медонист, пайваста ба домулло ба маънои"инмолишумонест"имову ишорат мекардучашмакмезад,аммодомуллоонро ё намефаҳмид ва ё фаҳмидан намехост. Вақте ки имову ишоратҳои бобоям ба кор нарафт, маҷбур шуд, ки бо домулло гӯшакӣ кунад Лекин домулло бо ғуруре "мо ҷинҳоро ром мекунему як гӯсфанди фисинронаметавонеммагар"-гӯëнқӯчқори мастрохаридубурд.

Бобоям ба хона омад. Аммо дилаш дар ҷояш набуд. Шабро рӯз карда, пагоҳии барвақтбахонаидомулло рафт Баъдиҷеғ задани бобоям ҳамсари домулло аз хона баромадвабасаволибобоям“домуллодар куҷост?”посухдод:

-Эҳ ако, напурсед. Дирӯз домуллои ошноятон аз бозор як қӯчқори уштурговпалангеро нахарида, балоеро харида омаданд Дар вақти алафдиҳӣ қӯчқорибадмастчунонмуллорозадааст,ки чанде аз қавурғаҳояшон шикаставу чанди дигараш осеб дида, ҳоло дар беморхона хобанд.

Баъди шунидани суханони ҳамсари домуллобобоямзерилаб“қучқорҷиннест” гӯёнроҳсӯйихонаашгирифт.

17 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Назм

Ба Ватан

Ҳар кӣ қасди хонаи мо мекунад, Зидди мо ӯ кина пайдо мекунад.

Ӯ ба мо савдои фардо мекунад, Иштибоҳе ӯ дар ин ҷо мекунад!

Орамиданҳои моро мегирад, Абр гашта ин ҳаворо мегирад.

Аҳд кушта ӯ вафоро мегирад, Навбаҳорашро чу сармо мекунад!

Ҳар кӣ мешӯрад ба қасди ҷони мо, Ҳар кӣ қасде мекунад бар нони мо. Мекашад аз мову дастархони мо, Хонаи худ пур зи ғавғо мекунад!

Ҳар кӣ шери хуфтаро бедор кард, Ҳар кӣ бо худ рӯбаҳеро ёр кард.

Ҳар кӣ гургона ба мо рафтор кард, Хешро дар доми дунё мекунад!

Бӯи Ватан

Гулшани берун аз Ватан

бӯи Ватан намекунад, Суман қатор ҳар куҷо, бӯи суман намекунад.

Нони сиёҳи аз танӯр

кандаи модарам куҷост?

Ҷаззаи суфраи дигар

мазза ба ман намекунад.

Шоҳи дигар шаҳр шавӣ, доҳии ин даҳр шавӣ, Дилат чу дар Ватан хуши орамидан намекунад.

Ҷои дигар шаҳомату

шукӯҳи мо муваққатист, Зиндагӣ маъние дар он "муваққатан" намекунад.

Ҳазору як болини он, пари ғарибиҳо ягон, Кайфияти саре дар он

зонуи зан намекунад.

Гузашти навҷавонӣ ҳам

дар Ватани худат хуш аст, В-арна кирои як замон

ёд будан намекунад.

Ба душманони кишвар

Нерӯи тавонои каёнро

Таърихи кӯҳансоли ҷаҳонро

натавон кушт. Ин миллати аз саҳфаи

таърихи кӯҳанро, Ин давлати нав гаштаҷавонро

натавон кушт. Шерону палангони Зарафшону

Бадахшон, Гургони ба ори Хуталонро

натавон кушт. Ҳаргиз набитарсад зи ту як

модари тоҷик, Ин қалби дуохони замонро

натавон кушт. Сад тир занӣ бар дилаки

кӯдаки тоҷик, Омоли дили хандалабонро

натавон кушт. Ростон расиданд фақат

бар чамани бахт, Корвони дар ин роҳ равонро

натавон кушт. Сад бор бисӯзонӣ ту сад

хони ватандор, Ту решаи ин ҷамъи амонро

натавон кушт. Гар ашк бирезониву гар хун ту бирезӣ, Не тоҷику не номуси онро

натавон кушт.

Касе чу қадру қиммати

каси дигар намекунад, Чӣ ҷои ранҷ, қиммати хеш басар намекунад.

Ҷавониҳои одамӣ

то нашавад пири кӯҳан, Қадри нафаскашидани

субҳи саҳар намекунад. Ақл агар фитода шуд, ҷисму танам фано шавад, Зи бохирад дарси хирад

гирӣ, зарар намекунад. Вақти сафар, ҳар кӣ агар, макру фиреб тӯша кард, Кори хато дар ин сафар, фатҳу зафар намекунад. Қиммати модару Ватан, ҳар кӣ накард дар ҷаҳон, Қиммати як кӯҳнакуҳанлаттаи тар намекунад. Беҳунари бешарари

18 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
натавон кушт,
Қадр

бесамари беназаре, Қиммати баҳру бар дар ин умри гузар намекунад.

Дар

сари қабри модарам

Модаро, бар ҷустуҷӯят омадам, Ёди ту кардам,ба кӯят омадам.

Атри дунё бӯи нони ту накард, Мушки хотирҳо, ба сӯят омадам.

Аз канори торикистонии умр, Дидани хуршеди рӯят омадам.

Меҳри ту оби равоне буду ман, Ташнамеҳри оби ҷӯят омадам.

Бар суроғи боз як бори дигар, Суҳбати гарму накӯят омадам.

Мард гаштам, ёфтам фарзанду зан, Омадам, он орзуят омадам.

Модаро, боре баро аз қабри худ, Бо ниёзи гуфтугӯят омадам.

Падар

Дар ҷаҳони ман ҷаҳонӣ, эй падар, Рӯдбори ҷовидонӣ, эй падар.

Чашмаҳои пурхурӯши зиндагӣ, Қуллаҳои шаъну шонӣ, эй падар.

Ифтихору иқтидори ман туӣ, Парчами рӯҳи равонӣ, эй падар.

Бо ту боғи зиндагонӣ бишкуфад, Бо хаëлам бӯстонӣ, эй падар.

Дар китоби қиссаҳои умри ман, Ардашери Бобаконӣ, эй падар. Гарчи тири дилҷавонам дар ҷаҳон, Бе ту ҳеҷам,чун камонӣ, эй падар! Зери боли чун уқобат зиндаам, Сарпаноҳи дил бимонӣ, эй падар!

Баъди модар

Баъди модар дар ҷаҳон маъно намонд, Дар гулистони муҳаббат ҷо намонд. Баъди модар бекасу танҳо шудам, Ҳамдиле дар ин дили танҳо намонд. Эрка будам дар бари домони ӯ, Ширинии зиндагӣ дар мо намонд. Риштаҳои додариву хоҳарӣ, Канда шуд, меҳру муҳаббатҳо

намонд. Роҳате буд зиндагиву нақди он, Баъди модар мазза дар дунё намонд.

Дар бари ӯ масту пурғавғо будам, Шӯриши тӯфонӣ дар дарё намонд. Дар бари ӯ ҷони бепарво будам, Орамиданҳои бепарво намонд.

Фасли зебои баҳорам буду рафт, Бӯи гул дар домани саҳро намонд.

Ба ошиқон

Дӯстон, бар духтари болоназар ошиқ шудам, Бар гули нилуфари боғи башар ошиқ шудам.

Аз замин то осмон гарчи

ҳазорон фарсахе, Аз замин бар ахтари осмони сар ошиқ шудам!

Дар дилам умеди нав аз нав

ба дунё шуъла зад, Гарчӣ бар болоназар

ман бехабар ошиқ шудам. Баски дар дунёи ӯ

фирдавси армон ёфтам, Бар суманпайкар, чаманбӯ, лабшакар ошиқ шудам. Дар дилам шавқу сурури зиндагонӣ

мурда буд, Зинда кард, аз нав ба уммеди саҳар ошиқ шудам, Дил зи ишқу ошиқӣ фарёд мехоҳад задан; “Бар хушандоми тарангу хушкамар ошиқ шудам!”

Мезанад

Чашмони мо бо ҳам занад, мижгон ба мижгон мезанад, Дил метапад аз барқи ту, кайвон ба кайвон мезанад. Вақте ки мебинам туро, шӯрида меояд ғазал, Лабҳо ба лабҳо мекашад, дандон ба дандон мезанад. Васфи ту, эй ҷононаам, шеъри дили девонаам, Хонам чу ман беихтиёр, дастон ба дастон мезанад. Васфи ту ман дорам асар, дар торуми минои сар, Рӯи варақ орам агар, нуре ба остон мезанад.

19 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
Назм

Назм

Чашмони ту нилуфару лабҳои ту барги тараш, Бӯи хуши атровараш, бӯстон ба бӯстон мезанад.

Ҷоно бигӯ, ҷоно бигӯ, кай лаб ба лаб, кай мӯ ба мӯ,

Кай тан ба тан, кай рӯ ба рӯ, чашмон ба чашмон мезанад?

Ба ёр

Дар гулистонам гули нилуфаре дорам, чӣ хуш, Анбарафшонтар зи ҳар барги таре дорам, чӣ хуш. Чашми ӯ ёқут, рӯяш ҳамчу лаъл, мӯяш гуҳар, Пурбаҳо аз зевари сад кишваре

дорам, чӣ хуш.

Баҳру бар зебо, вале зеботар аз ин баҳру бар, Ман дигар баҳру бари зеботаре дорам, чӣ хуш.

Дилхушиҳои шумо ин мансабу дороиҳост, Ман ҳавои ишқи ҷонон дар саре

Эй заминғасбони аз ишқу муҳаббат бехабар, Манзилеро дар дили як духтаре

дорам, чӣ хуш. Бар хилофи ин ҷаҳони бевафои беамон, Дар ҷаҳони худ ҷаҳони дигаре дорам, чӣ хуш.

Мебарад

Корвоне умри инсон мебарад, Зери бору зери борон мебарад.

То ки қадри қуллаи шодӣ кунем, Зиндагӣ гоҳе ба поён мебарад.

Зиндагӣ қонуни нобинвиштаест, Бегунаҳ гоҳе ба зиндон мебарад.

Гоҳ нодида дарахти хушкро, Аз гулистон ёси хандон мебарад.

Ё ки ӯ нони тавоно мегирад,

Ё гадоро тахти султон мебарад.

Ё ки аз шохи чаман бар ҷои зоғ, Булбули шайдои хушхон мебарад.

Имтиҳони зиндагӣ ҳам қисмат аст, Ғам махӯр, вақте ки инон мебарад.

Зиндагӣ кун, шодӣ кун, маъно бигир,

20 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Рӯзҳо мегузаранд, солҳо

сипарӣ мешаванд, вале ҷойгоҳи хоси инсонҳои асилу баргузида, дар замири соҳибдилон холист.

Чандест, ки устоди азизу арҷмандам, ҳунарманди асил, рассоми нотакрор, таърихнигори пурмаҳсул, нависандаи пуркор, тарҷумони

Ҳасанов абадан моро тарк

Реҳлати ҷисмонии устодро таҳаммул намуда наметавонам.

Зеро ман пеш аз ҳама рафиқи шафиқро гум кардаам. Фарҳод Ҳасанов умри дароз надид, либоси зебо напӯшид, хӯроки лазиз нахӯрд, сарои гармро напазируфт, танҳо зист, аммо барои маънавиёт басо ранҷ кашид. Ба китоб рӯ овардабуд.Азхешосоригаронбаҳоебарои фардоиён мерос гузошт. Бо раҳнамоии ӯ чандин нафар соҳиби унвонҳои илмӣ шуданд.

Устод зодаи деҳаи Қалъачаи Мазори шаҳри Исфара буда, соли 1971 Донишкадаи варзиши кишварро хатм намудааст Солҳои 1972-1973 дар артиши Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат кардааст Таи солҳои 1973-1979 дар техникуми саноатии шаҳри Исфара (ҳоло ФДТТИ) ба ҳайси омӯзгор ва муовини директор фаъолиятнамуд.Давомисолҳои1979-1981 ҳофизи театр буд. Солҳои 1981-1992 вазифаи саррассоми Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Исфараро бар дӯш дошт ва аз соли 1992 як муддат ба ҳайси раиси корхонаи хурди "Ориён" адои вазифа

намуд. Минбаъд рӯ ба фарҳангу маориф овард. Меҳри адабиёти ҳазорсола то вопасин нафас дигар ӯро раҳо накард. Рисолаву мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳоиҷумҳуривуберуназонбанашр мерасиданд. Китобҳоитаълифнамудаашбоунвонҳои "Ҳадят-ул-мубтадин" (1997 бо Мирзоабдулқодир), "Пирони тасаввуфи Аҷам" (1998-2001 се ҷилд), "Таборномаи ОлиСомон"(1999),ТарҷумаиасариВаслии Самарқандӣ "Таърихи Имоми Аъзам" (2001), "Таърихи мухтасари деҳоти Исфара", (2001), қиссаи таърихии "Зебопарӣ" (2001) дастраси хонандагон гаштааст. Қиссаи таърихии “Зебопарӣ”-и ӯ ба баҳси чандсолаи олимони тоҷику ӯзбек нуқта гузошт, ки Зебопарӣ зодаву парвардаи Исфараи бостонист Як китоби тарҷумаҳоваяккитобишеърҳодармаҷмуъ зиёда аз 20 китоб ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Панҷ китоби дигар, аз ҷумла як китоби методӣ омодаи чоп буда, китоби калонҳаҷми устод бо унвони "Макони булбулон" бо сарсухан аз Шоири халқии ТоҷикистонНурмуҳаммадНиёзӣсадафсӯс, ки дар вақти зинда будани эшон ба нашр нарасид.

21 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023 Ёдкада
чирадаст Фарҳод
гуфт.
Донишманд фаромӯш набояд шавад

Самтҳои дигари фаъолияти устод доманадор буда, дар сохтани асбобҳои мусиқӣ назир надошт. Дар ҳақиқат чӯб дар дасти ҳунарманд гӯёву дар дасти беҳунар хокистар аст Аз асбобҳои сохтаи ин марди асил як танбӯри олиҷаноб, як рубоби хуштарҳ ва як най ба камина ёдгор мондааст Китобҳои безаволаш бо соядастҳои зебояш ба дилу дидаҳо пайваста нур мепошанд. Асбобҳои сохтаи устод имрӯзҳо дар дастони устодони ҳунар азабадиятрозмегӯянд.

Дарёсифатон ҷуз гуҳар аз сина нагиранд.Азинрӯбақавлишоир"Ҷоиӯдар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст".

сафар аз зиёрати эшон дармеёфтам, ки чӣ гуна аз кулбаи хоксоронаи ӯ нуру сафо меборид. Зери мизи кориаш баста-баста дастхатҳомаҳфузбуданд.

Устод Фарҳод Ҳасанов умри гаронмояи хешро беҳуда зоеъ нанамудааст Аз фарзандонаш як писар ва як духтар буда, соҳиби чандин набераҳои номбардор аст Азинмардинаҷибтанҳохотираҳоинекдар зеҳниманбоқӣмондааст.

Паҳлуҳоиэҷодииӯробоядомӯхт,зероон омӯхтанист.Борҳобахудсуолдодаам,кичӣ гунаякнафар метавонад,ҳамба наср, ҳам ба назм, ҳам ба таърих, ҳам ба санъат, ҳам баҳунарваҳамтавонадботорисохтаихеш

ҳофизӣ кунад? Ӯ кай вақт ёфт, то ҳамаи ин ҳунарҳоро омӯзад ва дар саҳнаҳои касбӣ сурудхонӣкунад?Боалифбоиниёгоношно буд,хаттӣшикастароҳаммедонист. Фарҳод Ҳасанов омӯзгори асил ва шахсияти фавқуллода буд. Чанд сол қабл телевизиони "Сафина" бо роҳнамоии бародари арҷманди мо Абдулмумин Шарипов аз зиндагиномаи эшон филми мустанаде бардошта буд, ки дар хазинаи тиллоии ин даргоҳ маҳфуз аст Хушбахт аз онам, ки ҳамсуҳбату ҳамзамони ӯ будам ва барояшинмисраъҳоронавиштаам:

Нагуфтамузр,манФарҳодгуфтам, Бароиқисматаммододгуфтам.

Агарқалбамбақалбашбарнамехӯрд, Ҳаётин-омадабарбодгуфтам.

Шумоасроритасвирашнадонед, ВародаринҳунарБеҳзодгуфтам.

Чӣхуштанбӯризебометарошид, Ҳунарманде,Худояшдодгуфтам.

Банаслинавзитаърихикуҳангуфт, Диёразкилкиӯободгуфтам.

Гаҳеносир,гаҳенозим,навосанҷ, Азинрӯбарҳамаустодгуфтам.

ШиносадқадризарҳаркасчуХоҷа, Ҳамешадардилударёдгуфтам.

Акмалхӯҷа АКРАМОВ.

22
ГАНҶИИСФАРА| № 1 (62)|2023
Ёдкада
Ҳар

Бо қалами ҳаҷв

Мухтадил ҶӮРАЕВ

20 марти соли 1960 дар деҳаи Ворух дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст . Хатмкардаи МТМУ № 21 ва Донишкадаи фарҳанг ва ҳунарҳои зебои ба номи устод Мирзо Турсунзода мебошад. Баъди хатми донишгоҳ давоми якуним сол дар Шарқи Дур хизмати Ватан-Модарробаҷоовардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Исфара оғоз намуда, соли 1985 ба бахши фарҳанги осоишгоҳи “Зумрад” ба кор даъват мешавад. Давоми чанд сол мудири китобхона ва муттасадиисайрусайёҳатбуд.

Давоми наздик 20 соли охир чун роҳбари бахши фарҳанг ва сайёҳии ҶСК "Осоишгоҳи Зумрад" фаъолиятипурсамардорад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Меҳнатҳояш бо якчанд Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, созмони шаҳрии ИЖТ ва роҳбарияти осоишгоҳи

ҲАЙФИ

ГӮСФАНД

Аҳрор бо арақнӯшиву ҷангу ҷидолаш тамоми маҳалларо ба дод оварда буд. Ҳар саҳар ӯ тавба мекарду бегоҳ шавад, боз Аҳмадипорина...Инбегоҳнизӯмастуаласт буд. Чанд нафар Аҳрорро аз мошин баровардандубакатирӯиҳавлияшхобонда рафтанд.

Ҳамсари бечорааш Саломат бо азобе пойафзол ва либосҳои лойолуди Аҳрорро кашиду ӯро ба хона даровард. Модари зораш холаи Соҷида фақат ашк мерехту илтиҷомекард,кибафарзандашХудованд инсофутавфиқдиҳад.

РӯзидигарҳангомеАҳроразхобхестуаз ҳавлӣ берун шуд, холаи Соҷида раиси маҳаллаНозимҷонробаназдихудхонд:

-Медонед,кидодарам,синниманҳамба 80 дакка задааст. Мехоҳам, ҳамин Аҳрори ман ҳам ба тавфиқ ояду мисли дигарон зиндагӣкунадваманҳамбохотириҷамъин дунёифониропадрудгӯям,-обидидакард кампир.

Раиси маҳалла Нозимҷон, ки бисёр инсони ҳалиму хоксор буд, ба ҳоли холаи Соҷидараҳмашомад:

- Гиря накунед холаҷон, иншоолоҳ ман худамАҳрорробароҳмедарорамвадаряк

муддати кӯтоҳ ӯ ин одати бадашро мепартояд.

Раиси маҳалла ваъда дод, ки барои Аҳрорро аз арақ дур кардан ҳар ҷое равад ҳатман ӯроҳамроҳашмебарад.Рӯзидигар, пагоҳии барвақт Нозимҷон Аҳрорро аз хоб бедор карду ҳамроҳи худ ба чойхонаи деҳа бурд.

Ҳамроҳ наҳорӣ хӯрданд ва раиси маҳалла ба Аҳрор насиҳати бисёр кард. Аҳрор бо сари хам, пиёлаи чой дар даст менишастучизенамегуфт. ДарохирНозим ба Аҳрор таклиф намуд, ки бегоҳ ҳарду ба маҳаллаи ҳамсоя, ба хонаи Султони соҳибкор ба зиёфат мераванд Аҳрор надоштани либосҳои дурустро баҳона пеш оварда,таклифираисрохострадкунад.

Нозим ваъда кард, ки агар Аҳрор дар вақти гуфтагиаш, бегоҳӣ ба хонааш биёяд, ба ӯ як маҷмуъ сару либоси нави худро ройгонмедиҳад.

Бегоҳӣ Нозиму Аҳрор савори мошин роҳ сӯимаҳаллаиҳамсоягирифтанд.

Нозим мошин меронду аз оинаи мошин бо завқ ба нишастгоҳи оқиб менигарист. Аҳрордартаншимукостюминав,дарчашм айнакбовиқорменишастуатрофротамошо мекард ва ба раиси корхонае монанд буд. ДарҳаминлаҳзабасариНозимфикрезад. Чун онҳо ба хонаи Султон наздик шуданд, Нозим аз мошин чолокона фаромаду дари оқибимошинрокушод:

23
ГАНҶИИСФАРА| №1(62)|2023
САД

-Марҳаматраис,-гӯёнбаАҳроришораи фаромадан кард ва ба сӯяш чашмакии маънидорезад.

- Ин кас раиси нави идораи андози ноҳия, - Нозим Аҳрорро ба Султон муаррифӣ кард. Султон, ки заминҳои зиёд дошт ва андозсупоранда буд, сару калобаашрогумкардвасаросемашуд.

Ӯ тозон аз оғилхона гӯсфанди калонеро бароварда, ба нафаре супориш дод, ки гӯсфандро ба эҳтироми меҳмони олиқадр сарзанад.

Дарякдамгӯсфандросарзадандубадег партофтанд. Ҳамин дам Нозим ба назди Аҳрор рафту хоҳиш намуд, ки зинҳор айнакичашмашронагирадваҳатто қатрае ҳамарақнанӯшад.

Дар айни тафси зиёфат нафаре, ки дар паҳлуи Аҳрор менишаст, пиёлаи арақро пур карда, ба назди Аҳрор монд ва ба нею нестони ӯ нигоҳ накарда, хоҳиш намуд, ки барои шиносоӣ аққалан як пиёла гирад. Аҳрорнизтоқаткарданатавониста,пиёлаи арақробоякбардоштнӯшиҷонкард.

Аҳрор одате дошт, ки маст шавад, ҳар чизи ба дасташ омадаро гирифта, бо тақлиди ронандагӣ мошин меронд. Пас аз чанд муддат кайфи Аҳрор баланд шудан гирифт ва ӯ айнакро аз чашм гирифта партофту табақчаи наздаш бударо чанбараки мошин кард ва аз ҷой хеста ба мошинронданпардохт

Султони соҳибкор, ки дар берун андармони коре буд, садои ханда ва ҳаёҳӯйи баландро фаҳмида, ба хона даромад ва ҳуш аз сараш парид. Охир ҳамаи ин тараддуд ва даводавҳои ӯ барои ташрифи"раисинавиандозбуд."

Султон аз ҷаҳлу ғазаб ба худ печида намедонист,кичӣкоркунад.

Танҳо ӯ ба берун баромада ҷое, ки гӯсфандро сар зада буданду каллаву почаҳояш он ҷо меистод, сар ҷунбонида оҳ кашид:

-Ҳайфигӯсфандинағзам,садҳайф...

Нозим бо ҳамроҳии нафаре Аҳрори ширакайфро бардошта, ба мошин савор карду зиёфатро нахӯрда, роҳ сӯи хона гирифт.

ДарроҳНозиммошинмерондухудбахуд азкардаҳоиАҳрорхиҷолатмекашид.Аҳрор бошад,дарнишастгоҳиоқибимошинмисли мурдахоббудупарвоифалакнадошт

Рӯзи дигар дарвозаи ҳавлии Нозимро

касе кӯфт Дарвозаро кушод, ки паси он Аҳрор бо қавоқи варамидаву мӯи сари паҳну парешон гунаҳкорона рост меистод ва дар дасташ халтае дошт, ки дар он нон буд: - Ако, рафтори шабинаи маро бахшед.

Ҳамроҳи худ нон овардам, то ки бо ҳамин нон қасам хӯрам, ки ман ин навбат аниқ тавба кардам. Дигар ҳаргиз арақ наменӯшам, хизмати модарамро мекунам ва мисли дигарон орому осуда зиндагӣ хоҳам кард. Ин қавли мардии ман аст,иброздоштАҳрорвадастихудросӯиНозим дарозкард.

- Бори охирон бовар мекунам, - гӯён НозимнизботабассумдастиАҳрорросахт фишурд.

Аҳрорточӣандозабаваъдаихудустувор меистад,маълумнест Аммодунёбоумед.

ТӮМОР

Фарҳод бегоҳӣ ба хона димоғсӯхтаву бо таъби гирифта омад. Дар назди чойхонаи деҳа то наздикии бегоҳ нишастанд, вале имрӯзҳамбароионҳокорпайдонашуд.

Фасли сармо, ки даромад, албатта, корҳоисохтмонҳамхоҳнохоҳкаммешавад ва мардум дар ин вақт бештар аз паи ташвиши захира барои фасли зимистонанд.

Сари дастархон нишастанд ва

Фарҳод

пай бурд, ки бо ҳамсараш чӣ воқеае рух додааст, зеро ки ҳарчанд занаш бо рӯймолаш сару рӯяшро пинҳон мекард, осориҷароҳатмаълумбуд.

-Чӣшуд?-косаитаомробадастгирифта, суолкардФарҳод.

- Чӣ ҳам мешуд охир? Ҳангоми додани обуалафбуққабозбошохашзад.

Таъби хираи Фарҳод боз ҳам хиратар шуд.Охирдафъаичандумаст,киҳамсараш азшохибуққалатмехурад.Ростӣ,индафъа баҳолиҳамсарашраҳмашомад.

-Пагоҳа худаш қассоб мебиёраму буққарокуштабагӯштмесупорам,-боқаҳр иброздоштФарҳод.

МодариФарҳод,кидаркунҷисандалӣба суҳбатизанушавҳаргӯшмедод,пиёлаичои дасташрорӯидастархонгузошта,афзуд: - Ҳоло барои ба гӯшт супоридани буққа барвақт аст, писарам. Ба хариданамон ҳанӯз чор моҳ нашудааст Аққалан як сол

24
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
Бо қалами ҳаҷв

нигоҳубин

карда,баъдкуштанлозим.Онгоҳ фоида ҳам мешаваду поруяш барои заминҳоямон низ басандагӣ мекунад,хулоса кард кампир ва пас аз андаке хомӯшӣногаҳондарчашмонашбарқшуъла задуилованамуд:

-Мегӯянд,кидардеҳаиҳамсоядомуллое ҳасту тӯмор навишта медиҳад. Домулло хеши ҳамсояамон мешавад ва ман суроғаашро пагоҳ мепурсам Даму нафасаш хеле сабук будаасту тӯморҳояш таъсири хуб доштаанд. Ту писарам пагоҳ, пас аз корат ба деҳаи ҳамсоя рафта, якто тӯмор меорӣ. Тӯморро ба шохи буққа меовеземваиншооллоҳҳамамушкилӣҳал мешавад.

Субҳи рӯзи дигар кампир ба писараш аз пули нафақааш барои тӯмор 50 сомонӣ маблағдод.

- Боз пулро гум накунӣ, - таъкид кард модар.

Фарҳод ин навбат ҳам то нисфирӯз дар назди чойхонаи деҳа бо умеди корёбӣ нишасту аммо мутаассифона боз ҳам коре ёфтнашуд.Ӯ,кигуруснамондабуд,дастба кисабурдупулимодардодаробасадфикру хаёлбадастгирифт:

- Агар ба ин маблағ хӯроки нисфирӯзӣ хӯраму тӯмор набарам, модар хафа мешавад.Пасчӣкоркунам?...Беҳтарашба ҳиссае аз он ягон хӯроки сабук тановул мекунаму ба боқимондааш ҳатман тӯмор мегирам,-хулосакардФарҳод.

Ӯ ба ошхона даромаду хӯрокҳо ва нӯшокиҳоро дида оби даҳонаш рафт Худашро дигар дошта натавонист "Ҳарчӣ бодо бод"- гуфту ба ҳамон 50 сомонӣ як шишаарақвахӯрокгирифтутановулкард.

Пасазандакеазарақинӯшидааш кайфи Фарҳод торафт баланд шудан гирифт ва рӯикатичойхонахобашбурд.

Вақте Фарҳод бедор шуд болои сараш фарроши ошхона дар даст латтаву ҷӯроб ростмеистод:

- Кор тамом, хезед мо ошхонаро маҳкам мекунем.

Фарҳод ду чашмашро молида, базӯр аз ҷояш хест ва даст ба киса бурд, ки дар кисааштангаеҳамнамондааст

- Акнун ба модарам чӣ ҷавоб медода бошам? - гӯён сари худро дошта, ба фикр фурӯрафт.

Ва гӯё чизи муҳимме ба хотираш омада бошад, якбора ҷаста аз ҷояш хесту аз

фаррош хоҳиш намуд,кибарояш якварақу хомабиёрад.

Ӯ варақу хомаро ба даст гирифта, чизе навишту онро қат карда, ба кисааш андохт вабафаррошминнатдорӣнамуда, роҳсӯи хона гирифт Ҳангоме аз дари ҳавлӣ даромад, ҳамсараш ӯро пешвоз гирифт ва аввалинсаволаш"Тӯморканӣ?"буд.

Фарҳод қоғази чорқати дар ошхона навиштаашробадастизанакдод.

Занак хурсандона "тӯмор"- ро аввал ба хушдоманаш нишон доду сипас, тозон сӯи оғилхонашитофт.

Аҷоибии кор дар он буд, ки баъд аз ба гардани буққа овехтани " тӯмор "-и дар ошхона бо дасти Фарҳод навишташуда, буққа дигар ба ҳамсари Фарҳод кордор намешудвагӯёромшудабуд.

Фарҳод ҳар бегоҳ аз кӯча вориди ҳавлӣ мешуду занашро дида аз буққа мепурсид. Фарҳодҳамхурсандбудуҳамсарумодараш низ.

Рӯзе модари Фарҳод ба хонаи ҳамсоя ба маъракае рафт. Он ҷо домулло низ ҳузур дошт. Кампир дар рӯи ҳавлӣ домуллоро вохӯрда, баъди пурсупос барои тӯмор миннатдорӣбаённамуд.

Домуллокамедарҳайратафтода,иброз дошт, ки ӯ ба ҳеҷ як буққа тӯмор нанавиштааствахоҳишкард,киагаримкон бошад, ҳамон тӯморро ба ӯ боре нишон диҳанд.

Келиникампиразгарданибуққатӯморро гирифта,бадастидомуллоовардадод.

Ҳангоме домулло дар ҳузури кампир ва дигар ҳамсоягон тӯморро кушоданд, Фарҳод дар он бо хатҳои каҷу килеб чунин навиштабуд:

-Буққаиалоибарзан,заниФарҳодадигар назан...

25 Бо қалами
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
ҳаҷв

Саидабдулло Нуриддинзода Домони модар

Марденаздиолимеомадвагуфт:

-Дар байни занон олим кам аст, аммо дарбайнимардонуламозиёдҳастанд.

Олимгуфт:

-Ҳаминбеҳтаринуламодардоманипоки модаронпарваришёфтаанд...

Арзиши зиндагӣ

Рӯзе марди солхӯрдае аз назди дарё мегузашт, ногаҳон садои кӯдакеро шунид, ки фарёд мекард:

-Наҷотдиҳед!Маронаҷотдиҳед!

Мардисолхӯрдаболибосҳояшхудроба дарё андохт ва ба назди кӯдак рафт, аз дастони кӯдак гирифту ба соҳил баровард. Кӯдаказтарсизиёдазҳушрафтабуд.

Марди солхӯрда бо талошҳои зиёд кӯдакро ба ҳуш овард. Баъди он ки каме оромшуданд,кӯдакрӯбамардкардугуфт:

-Азинкибароиманҷонихудробахатар гузоштедмуташаккирам.

Марддарҷавобгуфт: -Ҳоҷат ба ташаккур кардан нест, фақат саъйбикунтаврезиндагӣкунӣ,кизиндагиат арзишинаҷотдоданродоштабошад.

Пулҳоро бояд сохт

Солҳо ду бародар бо ҳам дар мазрае, ки аз падарашон мерос монда буд, кор ва зиндагӣ мекарданд. Як рӯз ба хотири як нофаҳмии кӯчак бо ҳам баҳсу даъво карданд Пас аз чанд ҳафтаи сукут, ихтилофи онҳо зиёд шуд ва аз ҳам ҷудо гаштанд.

Як субҳ дари хонаи бародари калониро касе кӯфт. Вақте дарро боз кард, марди наҷҷореродид.Наҷҷоргуфт:

- Ман чанд рӯз аст, ки кор мекобам, фикр кардам шояд дар хонаи шумо коре бошад. Оёимкондорад,кикумакатонкунам?

Бародарикалонӣгуфт:

- Бале, ман як каме кор дорам. Ба он наҳре, ки миёни мазраъ ҷойгир аст, нигоҳ кун. Он ҳамсоя дар ҳақиқат бародари ман аст Ӯ ҳафтаи қабл чанд нафарро овард то ин наҳрро миёни мазраи мо биканад. Ӯ ҳатманинкорробахотирикинае,киазман бадилдорад,анҷомдодааст...

Сипасбаанборихонаишоракардугуфт:

-Даранбормиқдорелавозимотдорам,аз ту мехоҳам, то байни мазраи ман ва бародарам девор бикашӣ, то дигар ӯро набинам. Наҷҷор пазируфт ва шуруъ кард баандозагирӣ.

Бародарикалонӣбанаҷҷоргуфт:

-Манбароихаридбашаҳрмеравам,агар ягончӣлозимаст,бароятбихарам.

Наҷҷор дар ҳоле, ки машғули кор буд, гуфт:-На,чизелозимнест.

Ҳангоми ғуруб вақте, ки бародари бузург ба мазраъ баргашт, чашмонаш аз тааҷҷуб ҳалқа заданд. Наҷҷор ба ҷои девор як пул болои наҳр сохта буд. Бародари калонӣ бо асабониятрӯбанаҷҷоркардугуфт:

- Магар ман ба ту нагуфта будам, ки бароямдеворбисоз?

Дар ҳамин лаҳза бародари хурдӣ аз роҳ расид ва бо дидани пули болои наҳр фикр кард, ки бародараш дастури сохтани онро додааст Аз рӯи пул убур кард ва бародарашро ба оғӯш гирифт ва барои канданинаҳрузрпурсид...

Вақтебародарибузургбаргашт,наҷҷорро дид, ки васоилашро ҷамъ кард, дар ҳоли рафтан аст, ба наздаш рафт ва баъд аз ташаккурхоҳишкард,кичандрӯзмеҳмониӯ вабародарашбошад.

Наҷҷоргуфт:

26
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
Бардошти рӯзгор

Суханреза

- Мехоҳам бимонам, вале пулҳои зиёде ҳаст,кибоядонҳоробисозам.

Сарватманд

ва қассоб

Сармоядоре дар шаҳре зиндагӣ мекард, аммо ба касе дирҳаме намедод, фарзанде ҳам надошт ва танҳо бо ҳамсараш зиндагӣ мекард.

Дар он шаҳр қассобе низ буд, ки бар хилофи ин сармоядор ба мардум рӯзона гӯштхайрмекард.

Рӯз то рӯз мардуми шаҳр нафраташон нисбат ба ин сармоядор зиёд шудан мегирифт. Рӯзе марди сармоядор бемор шуду ба бистари беморӣ хобид, касе ба аёдаташ наомад. Мард вафот кард ва мардум ба ҷанозааш ҳам наомаданд. Ҳамсараш ба танҳоӣ шавҳарашро ба хок супурд. Аммо баъди марги сарватманд

дигарбакасегӯштнадод.

Аз қассоб пурсон гаштанд, ки ҳар рӯз ба мардум гӯшт тақсим мекардӣ, имрӯз чаро корихайрроанҷомнадодаистодаӣ?

Қассобгуфт:

- Ҳамон шахсе,ки пули гӯштҳоро ҳамчу хайрмедод,дирӯзвафоткард...

Суханрезаҳо

Пеш аз карантин аз бонк 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будам, ҳоло дар карантин қарор дорам. Ҳар рӯз кормандони бонк бароям занг мезананд ва таъкид мекунанд, ки дар як рӯз дасту рӯямро бо собун на кам аз 5 маротиба шӯям.

* * *

Бузургтарин заъфи одамони дилпок он аст, ки фикр мекунанд, ҳама мисли худашон ҳастанд.

* * *

Ҳеҷ гоҳ фикр накун, ки зиндагӣ бо пул зебост. Агар пул зиндагиро зебо мекард, инсонҳои сарватманд

метавонистанд, ки ҷонро бихаранд.

Як писар дидам

Боре се зан аз чоҳ об мегирифтанд. Ба назди онҳо писаронашон омаданд. Яке аз онҳо модарашро бӯсида рафт «Ту монда нашудаӣ»,-пурсиддувумивуазпасидӯсташ шитофт Сеюмӣ чизе нагуфта, сатилҳои оброгирифтвабахонабурд.Ҳамонвақтаз наздионҳопирихирадмандемегузашт.

Модароназпирихирадмандпурсиданд: - Кадоме аз фарзандони мо хубу хушкирдоранд?

Пирихирадманддарҷавобгуфт:

-Инҷоманфақатякфарзандродидам..

* * *

Иди ман он рӯзе аст, ки заҳмати яксоли деҳқон шоми як шаби подшоҳ набошад.

* * *

Ҳеҷ вақт ба худамон мағрур нашавем, баргҳо вақте мерезанд, ки фикр мекунанд, тилло шудаанд.

* * *

Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад, худаш низ фарёд занад, фарёдрас намеёбад.

* * *

Касе аз унвонҳои бардурӯғ фахр кунад, ба мисли абрҳои беборон аст.

* * *

Саҳми модари бомаърифат барои

27
ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
қассоб

тарбияи фарзанд аз ҳазор устод беҳтар аст.

* * *

Қалби модар ҷойнамози фариштагон аст...

* * *

Аз шуғли падаратон хиҷолат накашед ва боифтихор бо он бархӯрд кунед.

* * *

Дар рафоқат танҳо Модар баранда шуд, зеро шире, ки дод, пас нагирифт.

* * *

Кӯдаке аз хонаи ятимон ба рӯи замин акси модарашро кашида, дар оғуши модар хобид ва ба ҳурмати

модараш кафшҳояшро берун аз акс гузошт.

* * *

Модар чунин аст, худ намехӯрад бо вуҷуди он ки гурусна бошад ҳам ва бо чеҳраи хандон мегӯяд: фарзандам

инро бихӯр ман гурусна нестам, ту гурусна намон.

* * *

Ҳеҷ гоҳ дар ҳузури дигарон бо

Суханреза

* * *

Меҳрубонӣ муҳимтарин

асли

инсоният аст. Агар касе аз шумо кумак бихоҳад, пас шумо ҳанӯз рӯи замин арзиш доред.

Падар ба писараш гуфт: - Писарам, боэҳтиёт бош, ки ба куҷо қадам мегузорӣ.

Писар:

- Падар, шумо боэҳтиёт бошед, ки куҷо қадам мегузоред, зеро ман бар пайи қадамҳои шумо қадам мегузорам!

* * *

Зиндагӣ дафтаре аз хотирот аст. Як нафар дар шаби тор, як нафар дар дили хок, як нафар ҳамдами

хушбахтиҳост, як нафар ҳамсафари сахтиҳост. Чашм то боз кунем умрамон мегузарад ва мо ҳама ҳамсафарем.

* * *

Падар чунин будааст: Ташнаву гурусна мегардад ва кӯшиш мекунад то фарзандаш ташнаву гурусна намонад. Либоси дарида мепӯшад ва ин сӯву он сӯ давутоз менамояд то ба фарзандаш либоси нав бихарад. Агар бемор шавад, мегӯяд: Ман хуб

28 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023
* * *

Мақолҳо

ва футбол

Голзан зери голу чоҳкан зери чоҳ.

* * *

То гол нахурӣ, гол назанӣ ва то ранҷ набарӣ ганҷ нагирӣ.

* * *

Аз дӯсти голнозан, душмани

голзан беҳ ва аз дӯсти нодон

душмани доно.

* * *

Ҳакам шудан осон, голзан

шудан мушкилу олим шудан осон, одам шудан мушкил.

* * *

Ҳафт бор даву як бор гол зан, ҳафт бор чен куну як бор бур.

* * *

Гол назанӣ, нури офтоб баҳона, ба ... оби ҷав баҳона.

* * *

Ғелидани тӯб то дарвозаву давидани гӯсола то каҳдон.

* * *

Майдон аз тренер аст, чӣ тавре майдон аз далер.

* * *

Зарбаро дар вақташ мезананду оҳанро дар гармиаш мекӯбанд.

* * *

Футболист аз туб монад, гӯшашро буру хар аз хар монад.

* * *

Ба дарвоза нигоҳ карда зарба

зану ба даҳонат нигоҳ карда гапро.

* * *

Тренер омад, футболист гурез ва маст омаду девона гурез.

* * *

Дарвозаро монда, голзаниву мурдаро монда тутхӯрӣ.

* * *

Даста чӣ гуна, сардор намуна, модар чӣ гуна, духтан намуна.

* * *

Тӯба занам, кафш парид, дарро занам, девор кафид.

* * *

Ҷаҳли тренер, зарари тренер, ба мисли ҷаҳли гадо, зиёни гадо.

* * *

Пойро деҳу голро не, сарро деҳу сирро не.

* * *

Бозингари бе форма, мурдаи бе кафан.

Навпироя 29 ГАНҶИИСФАРА| № 1(62)|2023

Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.