5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 5 (315)
аз 5 марти соли 2016
Модарони гиромиқадр. Бонувони арҷманд. Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза дар ин рўзи мубораку хуҷаста Шуморо бо оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва ҳам ба ифтихори Рӯзи Модар табрику таҳният мегӯям. Ҷойизи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расман дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани Рўзи Модар нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати шумо - модарони поксиришт ва гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - бонувони азиз дар ҷомеаи навини мо мебошад. Бино бар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - “ Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан - Модар ташкил медиҳад”. Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан - Модар шоҳкории табиат ва тоҷи офариниш мебошад, зеро башарият ва дунё дар домони биҳиштии шумо - занону модарони арҷманд парвариш меёбанд. Беҳуда мутафаккире нагуфтааст:- “Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, метавонад дунёро таккон диҳад ва оламро идора
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр:
РӮЗИ МОДАР МУБОРАК! бикунад”. Воқеан ҳам мақому манзалати Зан Модар ҳамчун мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон басо бузург мебошад. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву матонати мо натиҷа ва самараи заҳмати шабонарўзии Шумо М о д а р о н и гиромиқадр аст. Боиси қаноатмандист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалигашти силсилаиқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъ, мақому мартабаи Шумо бонувони саодатманд дар ҷомеаи на-
Офарандагони зиндагӣ Модар азизтарин инсони рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғозмегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд базан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзураҳмати Худованд баробар дониста аст. Аз ин лиҳоз, мовуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳамамуҳими
email: gazeta-imruz@mail.ru
www:7imruz.wordpress.com
умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобастааст. Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва баҳори хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башараст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта бар ҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”. Аз ин рӯ ҳамаи шумо – гулҳои ҳамеша баҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувонро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар, ки ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем. Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз! “ИМРӮЗ”
вини мо пайваста боло меравад. Дар ин радиф занони соҳибдилу некназар, меҳнатдӯсту мушкилнописанд ва заковатманду ҳунарманди Исфараи бостонӣ низ дар пешбурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолонаву муваффақона нақши муассир ва саҳми назаррас доранд. Мо бо занони ҳунарманду
Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам бо алфози ширини кӯдакона «Модар» буд. Нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гузоштаам ба сӯи ту буд, эй модари ҷон. Модар, зиндагӣ бо ту зебост, зиндагӣ ширин асту ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари хеш мебинам, ҳар рӯз аз зангулаи шеваи хандаҳояш маст мешавам. Чашму рӯяш мебӯсам, аз нигоҳҳои шодиомез талаффузҳои пурмафҳуми ширинаш завқ мебарам. Ҳар рӯз ид дорам бо модарам. Модар, садбарге ҳастӣ, ки аз ту бӯи зиндагӣ меояд. Хуштарин орзуҳо аз дуои модарон резад, орзуҳои ӯ гарм, чун оғуши хуршед, бузург чун дили меҳрубонаш пайки мурод аз ояндаи нек диҳад. Зери чодари орзуҳои модар кас хушном ва тобанда ахтар, дар сояи қудраташ ҷасуру тавоност.
барӯманди диёр ҳамеша ифтихор ва онҳоро дар сатҳи шоиста эҳтирому қадр мекунем. Модарони арҷманд. Тавре адиби маъруфи рус Максим Горкий, ки бо шоҳасари худ «Модар» шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст, гуфта: - «Ҳама зебоиҳое, ки инсоният дорад, аз нури Офтоб ва аз шири Модар аст». Воқеан ҳам, аввалин туҳфаи шумо, Модарон ба мо - ҳаёт, дуввум – меҳру муҳаббат ва саввуминаш – фаҳму дарк аст. Мо ба хубӣ дарку эҳсос менамоем, ки Модар ягона ва азизтарин вуҷуди рӯи замин аст, ки ба мо натанҳо ҳаёт туҳфа мекунад, балки ҳама умр ҳастиву ҷонашро сипар карда, мову ҳаётамонро ҳифзу ҳимоят менамояд.
Тел: 2-61-62
Яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии Модарро надорад”. Шумо – модарон ва бонувони азизу арҷманд барҳақ гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед. Орзуманди он ҳастам, ки чеҳраи шумо чун гул ҳамеша хандону шукуфон бошад! Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям. Таманнои онро дорам, ки ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд! Бигзор ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону бародарон ва дӯстону пайвандони худ саодати рӯзгор насибатон гардад!
Ҳастии мо зи ҳастии ӯст! Дасте, ки бӯи тифл ба он нишаста, дасти нарм равонбахши модар аст. Ин дастҳо тақдири одам, тақдири дунё ҷунбонад. Тасанно ба дастони пурмуҳаббати модар, ки баҳри неки умре сӯи фарзанд дароз мешаванд. Ашки модар сӯзонтар аз шарораи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд рехт, ҳезуми тар аст, ки месузад. Модар фариштаи пок аст, агар озоре аз ӯ бинӣ бубахшо, дурӯғе гуяд рост пиндор, ранҷе диҳад ба дил нагир, ҳар гуноҳи модар ба хотири фарзанд аст. Зиннати бӯстону ҳусни гулбоғҳои зебо аз чист? Гармии пайкари зиндагиро асрорест ниҳон, кай бе хандаи тифл ғунча мешукуфт? Бе умеди модар дили зиндагӣ метапид? Корвони умри одамӣ гузарон аст бебозгашт. Модар зангулаи умр асту тифл садояш. Он ҳама кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад дар як
паллаи бузургтарин тарозуи ҷаҳон вазнин аст. Бори вазнини он як пора дили меҳрубони фарзанд аст. Модар моро ду дасти гиро дода, то дасти дӯст бифшорем, ду чашми бино дода, то баду неки дунё шиносем, лаҳни гӯё дода, то суруди дили ӯ чун селаи парасту ба паҳнои дур бубарем, дунёро дар амони нигаҳ дорем. Боре аз модарам пурсидам: - Модар сиёҳии мӯят кучо шуд? Гуфт: Ба шабҳо додам. Модар, ҳусни накӯят ку? Гуфт: Ба дунё додам. Гуфтам: Модар, хаста шудӣ? Чавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дунёи умедам дод, ки он фарзанди ман аст. Қарзи моро назди модар куҷо итмоме буда, аз ӯ умре қарздорем, қарздори рӯзҳои нек, зиндагии хуб, қарздори калиди бахт, ки барои мо гум кардааст, қарздори муҳаббат ва умед!
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қудуми модарон аст!