Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 45 (9460) *** Чоршанбе, 14. 12. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
2. БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1958-1959: Ин ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи кори комиссияи дуҷониба «Оид ба ҳалли масъалаҳои обу замин байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» ба вуҷуд омадаанд, ки бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Қирғизистон аз моҳи феврали соли 1958 ташкил гашта, ду сол фаъолият намуд. Вазифаи асосии ин комиссия на муайян ва аломатгузорӣ намудани тамоми хатти сарҳади ду кишвар, балки ҳалли баҳсҳои истифодаи обу замину чарогоҳ ва сарҳад дар қитъаҳои мушаххаси хоҷагиҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд буд. Комиссияи дуввуми муштарак аз 17-уми марти соли 1959 таъсис гашт, ки бояд ҳудудҳои байни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияҳои ҳаммарзи Ғончӣ, Нов ва Конибодоми Тоҷикистонро муайян мекард. Узви ин комиссияҳои муштарак, муовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Георгий Кашлаков низ қайд кардааст, ки вазифаи ин комиссияҳо на таъйин кардани хатти марз дар тамоми сарҳади ду ҷумҳурӣ, балки ҳалли масъалаҳои истифодаи дурусти обу замин дар дохили як кишвар буд. Бар хилофи таҷрибаи нокоми соли 1949, ҷониби Қирғизистон дар солҳои 1958-1959 талоши расмият бахшидани азхудкунии заминҳои дар ихтиёрдоштаашро «аз поён» оғоз карда, аввал ба имзо шудани «шартнома» ё мувофиқатнома байни мақомоти ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон (бо имзои муовинони якуми раиси ин ноҳияҳо) ва сипас ба имзо шудани ин санад аз тарафи раисони вилоятҳои Ленинобод ва Ӯш (дар сатҳи котибони аввали вилоятҳо) муяссар шуданд. (Он вақт вилояти Бодканд вуҷуд надошт ва дар ин қитъаҳо Тоҷикистон ба вилояти Ӯш (Ош) ҳаммарз буд.) Мутаассифона, дар ин санадҳо ба масъалаи заминҳои зикршуда ҳамчун ҳудудҳои як кишвар (ИҶШС) муносибат шуда, бар хилофи санадҳои расмии солҳои 1924-1932 бахше аз заминҳои таърихӣ ва қонунии ноҳияи Исфараро барои истифода дар ихтиёри ноҳияи Ботканди вилояти Ӯши кишвари ҳамсоя қарор доданд. Дар қадами баъдӣ соли 1959 Шӯрои вазирони Қирғизистон бо мактуби расмӣ ба Шӯрои вазирони Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки натиҷаҳои кори ин комиссияҳо ва созишномаҳои ҳосилшуда дар сатҳи ноҳияҳо ва вилотяҳоро эътироф намуда, ин заминҳоро ба ихтиёри Қирғизистон гузорад. Аммо дар ҳамон сол Шӯрои вазирони Тоҷикистон бо мактуби расмӣ дархости Шӯрои вазирони Қирғизистонро бори дигар рад карда, тағйири марзҳоро «ба
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН, ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? (Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон)
таври дипломатӣ» ба ваколати мақомоти ИҶШС ҳавола намудааст. Бинобар ин, ҳуҷҷатҳои ниҳоии комиссия соли 19581959 низ аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашуда, дар сатҳи Тоҷикистон ва ИҶШС расмиёт ё протседураҳои зарурӣ давлатӣ барои тибқи қонунгузории ИҶШС гирифтани мақоми ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИро нагузаштаанд. Яъне аз назари қонунгузории Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қурби ҳуқуқии ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ҷумҳуриҳоро надоранд. Албатта, бо сабаби он, ки натиҷаҳои кори ин комиссия бештар ба нафъи Қирғизистон буданд, 30-юми марти соли 1961 ҳуҷҷатҳои он аз ҷониби Президиуми Шӯрои Олии Қирғизистон ба таври якҷониба тасдиқ ёфтаанд, аммо тавре ишора шуд, онҳо аз ҷониби Тоҷикистон танҳо дар сатҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ (шаҳри Исфара ва собиқ вилояти Ленинобод) мувофиқа ва имзо гаштаанд. Вале, тавре муайян гашт, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сарҳад бояд баъди қабули қарор аз ҷониби Шӯроҳои Олии ҳар ду ҷумҳурӣ, аз ҷониби Шӯрои Олии ИҶШС низ тасдиқ мегардид. Пас, ҳамчун асоси музокироти сарҳадӣ истифода намудани ин ҳуҷҷатҳо дуруст ва имконпазир нест.
3. БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛИ 1989: Шояд бастаи ҷиддитарини ҳуҷҷатҳое, ки ҷониби Қирғизистон дар баҳси марзӣ ба онҳо такя карданӣ мешавад, натиҷаҳои кори комиссияи дуҷонибаест, ки пас аз низоъҳои ҷиддии сарҳадӣ соли 1989 бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Қирғизистон барои муайян намудани сарҳади давлатӣ таъсис ёфт. Бо тафовут аз комиссияи соли 1958, ки асосан барои ҳалли баҳсҳои истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ таъсис ёфта буд, вазифаи комиссияи муштараки соли 1989 маҳз МУАЙЯН КАРДАНИ ХАТТИ САРҲАДИ ДУ КИШВАР ДАР ТАМОМИ ТӮЛИ ОН буд. Пас аз моҳҳои фаъолият, ин комиссия дар ҳақиқат хатту ҳолати аксари қитъаҳои марзии байни ду кишварро ба таври ҷузъию тахассусӣ тасвир намуд. (Ин аст, ки тибқи маълумоти ВКХ ҶТ аз
23.09.2022, ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала нармиш нишон дода, барои дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчун маводи корӣ истифода намудани ин харитаву ҳуҷҷатҳо низ розигӣ додааст). Аммо мушкили асосӣ дар он буд, ки маҳз ҳамин комиссия хатти сарҳадро бо тафовути зиёд аз сарҳадҳои расмии солҳои 19241927 ва 1932 тасвир намуда, дар натиҷа, бахше аз заминҳои баҳсиро ба ҳудуди Қирғизистон ҳисоб карданӣ шуда, аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон даҳ анклавро дар ҳудуди Қирғизистон муайян карда буд. Ҷониби Қирғизистон натиҷаҳои кори ин комиссияро, ки асосан ба нафъи ин кишвар буд, дар сатҳи олии қонунгузорӣ тасдиқ намуда, аз ҷониби худ ба он расмият бахшид. Аммо Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаи кори комиссияи мазкур онро қабул ва тасдиқ накарда, бо қарори худ аз 26 октябри соли 1989, таҳти №685 ба қисми тоҷикистонии комиссия супориш дод, ки корҳоро дар самти дақиқ кардани хати сарҳади давлатӣ бо назардошти асосҳои таърихию ҳуқуқӣ, яъне ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 идома диҳад. Ҳамин тавр, боз ҳам мутобиқи Конститутсияи ИҶШС аз 1977 ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1978 маводи хулосавии комиссияи муштараки соли 1989 «Оид ба муайян кардани гузариши хати сарҳади давлатӣ байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» расмиёти давлатиро нагузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни кишварҳо эътибор пайдо накардааст. Сипас, бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 23 апрели соли 1991, таҳти №106 комиссияи нав таъсис дода шуд, ки вазифаи он низ баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳснок дар сарҳад бо Қирғизистон буд. Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои кори комиссияи муштараки соли 1989 ҳатто дар Палатаи миллатҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ шунида ва баррасӣ гашта буд, аммо ин ниҳоди олии ИҶШС низ онро тасдиқ накард. Тибқи маълумотҳои такроршаванда, дар ин маврид Раиси палатаи миллатҳои СССР Рафиқ Нишонов ба ҳукумати Тоҷикистон телеграмма ирсол намудааст, ки дар он аз бекор карда шудани натиҷаҳои кори комиссияи муштараки соли 1989 хабар дода мешавад. Ин ҳолатҳо низ нишондиҳандаи расмияти зарурии давлатӣ наёфтани ҳуҷҷатҳои соли 1989 аст.
Ҳамин тавр, баррасиҳои мушаххас бори дигар нишон медиҳад, ки ҳар се бастаи ҳуҷҷатҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳуҷҷатҳои даврони Шӯравӣ (1949, 1958-1959 ва 1989) барои музокироти марзӣ асос қарор доданӣ мешавад, эътибори зарурии ҳуқуқию қонунӣ надошта, ҲАМЧУН САНАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ БАРОИ МУАЙЯН КАРДАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ АСОС ШУДА НАМЕТАВОНАНД. Ин аст, ки ҳуҷҷатҳои солҳи 1924-1927 ва 1932 то имрӯз низ ҳамчун охирин ҳуҷҷатҳои устувор дар муайян кардани воқеияти таърихӣ ва хатти сарҳади давлатӣ боқӣ мемонанд.
7. «САРҲАДҲОИ МАВҶУДА» Ё БОЗӢ БО ҲУҶҶАТҲО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ Бо истиқлоли давлатӣ ёфтани Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз соли 1991 баҳси сарҳадӣ низ ба марҳилаи комилан нави худ ворид шуд. Акнун ду ҷониб ҳамчун кишварҳои мустақил бояд хатти сарҳадии худро ҳамчун сарҳади миёни ду давлати мустақил муайян ва эътироф мекарданд. Ду кишвар истиқлол ва ягонагии ҳудудии ҳамдигарро ба таври расмӣ эътироф намуда, шартномаи дӯстӣ ва даҳҳо санадҳои дигари дӯстиву ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аммо ҳам ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шуд. Дар ин марҳила низ Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои марзӣ ҳуҷҷатҳои соли 1924-1927 ва соли 1932-ро ҳамчун асоси муайянкунандаи сарҳадҳои давлатӣ ба роҳбарӣ гирифт ва мегирад. Аммо ҷониби Қирғизистон як силсила ҳуҷҷатҳои давраи истиқлолро низ ба «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ»-и худ афзудааст, ки масъаларо боз ҳам мураккабтар мекунанд. Муҳимтарини онҳо санадҳое чун «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 8 декабри соли 1991, «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» аз 12 июли соли 1996 (ш.Душанбе), Оинномаи ИДМ, Эъломияи Алмаато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва аз 15 апрели соли 1994 ва ғ. мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳақиқат санадҳои усулӣ
ва муҳимми муайянкунандаи муносибати байни ду кишвар ва кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоб мераванд, аммо ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ асос қарор додани онҳо бисёр баҳсбарангез ва номумкин аст.
МУШКИЛИ ҲУҶҶАТҲОИ НАВИ ТАКЯГОҲИИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ЧИСТ? Ҳуҷҷати якум, яъне «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 08.12.1991 ҳуҷҷати таъсисии ин ташкилоти байналхалқӣ буда, усулҳои таъсисӣ, самту ҳавзаҳои фаъолият ва сохтору ҳадафҳои ИДМ ва низоми муносибатҳои байни давлатҳои узв дар доираи ин ташкилотро муайян ва танзим мекунад. Ба истилоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, мавзуи ин созишнома танзими баҳсу масъалаҳои марзии байни давлатҳо нест ва тибқи талаботи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми шартномаҳои байналмилалӣ (аз 23-юми майи соли 1969), ин санад аз рӯи мавзуи худ наметавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои танзим ва ҳалли баҳси сарҳадҳои давлатӣ эътироф ва корбурд шавад. Посухи радди ҷониби Тоҷикистон барои асос қарор додани ин Созишнома, ки моҳи сентябри соли 2022 аз тарафи вазири корҳои хориҷии кишвар дар Маҷмаи умумии СММ садо дод, низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Шарҳи ҳуқуқии ин нукта чунин аст, ки тибқи моддаи 10уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 26уми Конвенсияи Венна дар бораи мақоми созишномаҳои байналмилалӣ, ки «Рacta sunt servanda» ё ҳатмияти иҷрои созишномаҳо ном дорад, ҷониби Тоҷикистон ба тамоми санадҳои байналмилалие, ки расман эътироф намудааст, аз ҷумла ба Созишномаи таъсисии ИДМ эҳтиром ва пойбандӣ дорад. Аммо, мувофиқи банди 1-уми моддаи 31-уми худи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми созишномаҳои байналхалқӣ (1969), «МАЗМУНИ СОЗИШНОМА БОЯД ТАНҲО ДАР ДОИРАИ МАВЗӮЪ ВА ҲАДАФИ ХУДАШ ТАФСИР КАРДА ШАВАД». Дар ин маврид бошад, худи номи Созишномаи таъсиси ИДМ(1) ва банди якуми он(2) таъкид мекунанд, ки мавзуи ин созишнома маҳз таъсиси Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил ва ҳадафи он муайян намудани усули муносибатҳои байни давлатҳои узв мебошад. Аз ин рӯ, ба манфиати худ тафсир карда, ба масъалаи танзими баҳсҳои сарҳадӣ кашидани ин Созишнома дуруст нест. Илова бар ин, мувофиқи Протокол дар бораи таъсиси ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991, ки ҷузъи таркибии ин Созишнома (Давомаш дар саҳ.2).
2
"Хатти расмии марзи давлатиро на харитаи чопи як ташкилот, 14 декабри соли 2022 № 45 (9460) балки ҳуҷҷати имзошудаи расмии давлатӣ ва байнидавлатӣ дар бораи сарҳад муайян мекунад." дуҷонибаи солҳои 1958-1959 низ ба инобат гирифта шуда, маводи комиссияи муштараки соли 1989 танҳо дар ҳолати зарурӣ истифода карда шавад. 3.Дар идома, дар баргардонда, масъаларо ба ҷангу Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо солҳои гуногун баъзе ниҳодҳои протоколи №16 мулоқоти ҳамон сарҳадҳои муайяншуда илмию тадқиқотӣ ва қудратию гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо низоъ накашад. Ё банди 5-уми ин Аҳднома, ки ба дар доираи ҳуҷҷатҳои солҳои сиёсӣ харитаҳои гуногунеро ба оид ба делимитатсия ва «эътирофу эҳтироми тамомияти 1924-1927 ва 1932 мебошанд, ки нашр расонидаанд, ки сарҳадҳои демаркатсияи сарҳади ҳудудии ҳамдигар» таъкид расмияти қонунӣ барои муайян байни ду ҷумҳуриро ба баъзе давлатии Тоҷикистону кардааст, мазмунан тақозо дорад, кардани сарҳадро гузаштаанд. фарқиятҳо нишон медиҳад. Аммо Қирғизистон аз 22 июли соли Ин мавқеи Тоҷикистон аз назари ки Қирғизистон ягонагии ҳудудии дар ин бора бояд гуфт, ки аввалан, 2013, ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар марзҳои ҳуқуқӣ дуруст буда, аз назари хатти расмии марзи давлатиро пешниҳод кардааст, ки ба қонунии он эътироф карда, амалӣ ва сиёсӣ низ ба манфиати на харитаи чопи як ташкилот, сифати ҳуҷҷатҳои асосии заминҳои қонунии Тоҷикистонро кишвар аст, зеро дар ҳолати балки ҳуҷҷати имзошудаи расмии муайянкунандаи тақсимоти ба соҳиби аслияш баргардонад. аз ҷониби Тоҷикистон эътироф давлатӣ ва байнидавлатӣ дар сарҳадӣ Созишнома оид Аммо ин ҳуҷҷатҳо асосе барои гаштани ҳуҷҷатҳои дигар ё бораи сарҳад муайян мекунад. ба таъсиси Иттиҳоди таъйин хатти сарҳад дар қитъаҳои сарҳадҳои амалан шаклгирифтаи Илова бар ин, дар аксари ин Давлатҳои Мустақил аз 8 мушаххаси баҳсноки марз буда замони фурӯпошии Шӯравӣ, харитаҳои даврони Шӯравӣ, декабри соли 1991, Эъломияи аксари заминҳо дар ихтиёри хусусан дар тамоми харитаҳои Алмаато аз 21 декабри соли наметавонанд. Се ҳуҷҷати дигари Қирғизистон боқӣ монда, аз Округи ҳарбии Осиёи Марказӣ, 1991, Эъломияи Москва аз 15 пешниҳоднамудаи ҷониби ҷумла, минтақаи Ворух расман ки хусусияти дақиқи низомӣ ва апрели соли 1994, Оинномаи эксклави эътирофшуда топографӣ доранд, минтақаи ИДМ ва Аҳднома дар бораи Қирғизистон, яъне Оинномаи ИДМ, ба Эъломияи Алмаато ва Эъломияи табдил мешавад. Ҳолате, ки Ворух ҳаргиз ҷазира ё эскалав асосҳои муносибатҳои Москва низ бо ҳамин далелҳо, Тоҷикистон бо он ҳаргиз розӣ набуда, то охири фаъолияти байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии яъне танзими масъалаи баҳсҳои шуда наметавонад. Бинобар ин, ин ҳавза (1992) ҳамчун ҷузъи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии сарҳадӣ набудани мавзуъ ва Тоҷикистон аз фаҳмиши дурусти пайвастаи қаламрави Тоҷикистон Қирғизистон аз 12 июли соли таъйиноти онҳо, дар музокироти мафҳуми “сарҳадҳои мавҷуда” нишон дода шудааст. (Нигар ба 1996 асос қарор дода шаванд. 4.Дар протоколи муштарак марзӣ қобили истифода нестанд. корбарӣ мекунад. замимаи №3.) аз 01-уми майи соли 2021 Албатта, рафти музокироти Вале нуктаи калидие, ки ҷониби (Баръакс, ҳамин харитаҳои ҷониби Қирғизистон дубора Қирғизистон дар ин ҳуҷҷатҳо ба он чандсола нишон медиҳанд, ки дақиқи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба мавқеи “асос қарор додани ҷониби Қирғизистон ба мафҳуми такя мекунад, дар онҳо истифода ба таври возеҳ нишон медиҳанд, шудани истилоҳи «сарҳадҳои “марзҳои мавҷуда” асосан дар ки то соли 1975 дар минтақаи ҳуҷҷатҳои тақсимоти мавҷуда» мебошад. Яъне, аксари ҳолатҳое таъкид ва такя мекунад, байни Хоҷаи Аъло ва Ворух миллию маъмурии солҳо 1924ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ мекунанд, ки ба манфиати ин кишвар бошад. нуктаи аҳолинишине бо номи 1927 ва ҳуҷҷатҳои комиссияи ки кишварҳо ҳудуди ҳамдигарро Тавре зикр шуд, масалан, дар Оқсой умуман вуҷуд надоштааст. муштараки соли 1989” розигӣ дар доираи «сарҳадҳои мавҷуда» музокироти соли 2003 ҷониби Ҳамчунин, дар тамоми бойгониҳои додааст. 5.Аммо дар ҷаласаҳои охир дар лаҳзаи фурӯпошии Иттиҳоди Қирғизистон талаб намуд, ки ҳуҷҷатгузории саршумори аҳолӣ Шуравӣ ё лаҳзаи таъсиси ИДМ бо сабаби ба поён расидани ва аҳволи шаҳрвандӣ, то соли 1975 дар соли 2022 бошад, ҷониби муддати иҷора, 50 000 гектар ягон нафар ҳамчун сокини деҳаи Қирғизистон пешниҳод эътироф мекунанд. Аз ҷумла, дар сархати 3-и замине, ки Тоҷикистон дар водии Оқсой ба қайд гирифта нашудааст. намудааст, ки барои тасвири моддаи 3-и Оинномаи ИДМ, ки Олой (Мурғоб) аз Қирғизистон ба Ин ҳолат худ таърихи ғасб шудани гузариши хатти сарҳади 22 январи соли 1993 дар шаҳри муҳлати 50 сол (аз соли 1942) ин заминҳо Тоҷикистон ва сохтани давлатӣ ҳамаи мавод ва Минск бо иштироки давлатҳои ба иҷора гирифта буд, ҳатамн нуктаҳои нави аҳолинишин дар ҳуҷҷатҳои мавҷуда истифода карда шуда, дар ягон узв ба тавсиб расидааст, аслҳое ба ин кишвар баргардонда онҳоро ба хубӣ нишон медиҳад.) протокол ба онҳо истинод чун “дахлнопазирии сарҳадҳои шавад. Ҷониби Тоҷикистон дар оварда нашавад. давлатӣ”, “эътирофи сарҳадҳои ин масъала ҳусни ҳамсоягӣ ва 8. АММО «БОЗӢ БО Аммо, тавре зикр шуд, мавҷуда” ва “худдорӣ аз ғасби қонунписандӣ нишон дода, соли ҲУҶҶАТҲО» ЧӢ ТАВР муносибати ҷониби ҳамсоя бо ғайриқонунии ҳудудҳо” эълон 2004 ин заминро бо тантана ба ҳуҷҷатҳо асосан ҳолати интихобӣ шудаанд. Чун асли ҳуҷҷати Қирғизистон баргардонд. Дар СУРАТ МЕГИРАД? ва манфиатӣ дошта, дар сурати мазкур ба забони русист, ин ин раванд, ҳатто ба сокинони тақозои манфиати худ ё иваз ин минтақа ихтиёр дода шуд, ки ибораҳо дар шакли “нерушимость Мақсад аз истифодаи ин государственных границ, шаҳрвандии Қирғизистонро қабул ибора дар нисбати рафтори шудани роҳбар ва аъзои гурӯҳи признание существующих границ карда, ҳамроҳи ин замин ба он намояндагони кишвари ҳамсоя кории ин кишвар муносибати онҳо и отказ от противоправных кишвар гузаранд. дар он аст, ки мутаассифона, дар бо ҳар ҳуҷҷат метавонад ба таври Ин амали Тоҷикистонро баъзе тӯли гуфтугӯҳои марзӣ ҷониби усулӣ тағйир ёбад. Муносибати территориальных приобретений» аз коршиносон имрӯз гузашти Қирғизистон мавқеи худро натанҳо ошкоро дугона (ҷое асос қарор оварда шудаанд. Дар моддаи 5 Созишномаи бузурги якҷониба медонанд, аммо ба масъала, балки ҳамчунин додан ва ҷое умуман қабул таъсисии ИДМ аз 8 декабри соли ин намуна ва ҳолат ба се нуктаи нисбат ба “ҳуҷҷати такягоҳӣ” низ надоштан) бо ҳуҷҷатҳои солҳои 1991 низ мафҳуми «сарҳади дақиқ ишора мекунад: пайваста тағйир медиҳад. Дар тӯли 1924-1927 ё масъалаи “сарҳадҳои дар Созишномаи 1. Тоҷикистон ба мавҷуда» («неприкосновенность даҳсолаи охири гуфтушунидҳои мавҷуда” таъсисии ИДМ намунаи олии ин қарордодҳои дуҷониба бо существующих гарниц» истифода дуҷониба, комиссияҳои ҳуқуқӣ ва ҳамсояҳо пойбанд монда, шудааст. давлатии ин кишвар вобаста ба гуна муносибат бо ҳуҷҷатҳост, ки Дар бандҳои 1-ум ва 5-уми бо тамом шудани муҳлати манфиати ҷониби худ дар ин ё дар матн ба таври мушаххас шарҳ иҷора 50 000 га замини Аҳдномаи муносибатҳои он қитъаи баҳсӣ ва ё вобаста ба шуданд. (Чигунагии муносибати байнидавлатии ду кишвар низ Қирғизистонро бе ягон шарт гароиши ҳуқуқию сиёсии роҳбару ҷониби Қирғизистон ба ҳуҷҷату ба аслҳое чун «дахлнопазирии баргардонд. аъзоёни пайваста навшавандаи протоклҳои имзошуда дар рафти 2. Аммо ҷониби Қирғизистон комиссия, ба ҳуҷҷатҳои гуногун сарҳадҳо» ва «эътирофи тамомияти арзӣ»-и ҳамдигар акнун аз анҷоми ҳамин гуна такя менамояд. Ин мавқеи гуфтушунидҳои солҳои охир, чӣ амал нисбат ба заминҳои таъкид гаштааст. тағйирёбандаи ҷониби ҳамсояро тавр аз тарафи ин кишвар риоя Аммо ду ҷониби музокироти Тоҷикистон, ки тибқи метавон муносибати интихобӣ ё нашудани талаботи ин протоколҳо ва чӣ тавр зуд-зуд тағйир ёфтани шартномаҳо ҳатмӣ ва оддист, сарҳадӣ мафҳуми “сарҳадҳои «бозӣ бо ҳуҷҷатҳо» номид. мавқеи давлат ва комиссияи мавҷуда”-ро ба таври гуногун имрӯз худдорӣ мекунад. Ба таври мисол: давлатии ин кишвар дар тӯли 3. Ва муҳимтар аз ин, мефаҳманд. Ҷониби Қирғизистон 1.Тибқи матни протоколи мулоқотҳо баҳси дигарест, ки замини зикршуда дар ин мафҳумро ба нафъи худ №10-и комиссияи муштарак тафсир намуда, чунин мешуморад, лаҳзаи фурӯпошии ИҶШС аз 4 феврали соли 2011, гурӯҳи дар фурсати дигар бо овардани санадҳо пешниҳод мешавад.) ки “сарҳадҳои мавҷуда” ва таъсисёбии ИДМ дар кории ҷониби Қирғизистон Дар умум, ҳолатҳое чун зудсарҳадҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаи ихтиёри Тоҷикистон буд. Аз зикр намудааст, ки чун зуд тағйир ёфтани роҳбарияти фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯ, дар сурати такя ба Ҷумҳурии Қирғизистон давлат, ивазшавии роҳбарият ва байни давлатҳои мустақили асли “марзҳои мавҷуда дар маводи комиссияи дуҷонибаи аъзои комиссияи давлатӣ оид меросбари он ба вуҷуд омадаанд. замони таъсиси ИДМ”, водии соли 1989-ро ба таври расмӣ ба марзҳо, тағйири пайвастаи Олой ба Тоҷикистон тааллуқ Ба назари онҳо, ин воқеият бояд тасдиқ кардааст, он барои эътироф гашта, дар асоси ҳамин гирифта, Қирғизистон онро Қирғизистон ҳуҷҷати ягона ва сиёсати роҳбарон дар ин самт, воқеияти мавҷуда санадҳо тарбиб бояд пас диҳад. Ин ҳолат асоси ҳуқуқии делимитатсияи тағйири муносибат ба ҳуҷҷатҳо, татбиқ нашудани протоклҳои нишон медиҳад, ки дар ҳолати дода шаванд. Бо чунин фаҳмиши сарҳади давлатӣ ба ҳисоб имзошуда, вобастагии мавқеи ибораи “сарҳадҳои мавҷуда” тақозои манфиаташ ҷониби меравад. (Маводе, ки аз ҳайати давлатӣ дар музокирот қариб ҳамаи заминҳои қонунии ҳамсоя асли “сарҳадҳои тарафи давлати Тоҷикистон ба вазъияти сиёсӣ ва таносуби Тоҷикистон, ки ҳоло дар ихтиёр мавҷуда”-ро эътироф эътироф ва расмияти қувваҳои сиёсии дохилӣ ва ғайра ё ғасби Қирғизистон ҳастанд, ба намекунад, аммо дар мавриди давлатӣ наёфта буд.) боис шудааст, ки дар гуфтугўҳои заминҳои дигар онро асос Қирғизистон вогузор мешаванд. 2.Аммо дар протоколҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон амалан Аммо ба назари ҷониби ҳисоб карданӣ мешавад. баъдии ҷаласаи гурӯҳҳои мушкили “шарики боэътимод” ё Дар баробари “баҳси ҳуҷҷатҳо”, Тоҷикистон, ТАНҲО ҲАМОН ҳуқуқии ҷонибҳо (№11 аз 19 бӯҳрони “тарафи босалоҳияти САРҲАДЕ ЧУН «САРҲАДИ ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс ноябри соли 2011 ва №12 гуфтугў” пеш омадааст. Яъне, МАВҶУДА» ЭЪТИРОФ ШУДА гоҳо “баҳси харитаҳо”-ро низ ба аз 11 феврали соли 2012), ҳоло дар ин музокирот аз ҷониби миён гузошта, нишон доданӣ МЕТАВОНАД, КИ БА САНАДҲОИ зикр гардидааст, ки ҷониби ҲУҚУҚИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БО мешавад, ки минтақаи Ворух Қирғизистон пешниҳод дорад, кишвари ҳамсоя неруи босалоҳият ва дорои қудрати қабули қарор ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДА ҳанӯз пеш аз фурӯпошии ИҶШС то ба сифати асоси ҳуқуқии вуҷуд надорад, то масъалаҳои ТАСДИҚ ШУДА БОШАНД. Аз ин дар баъзе харитаҳо чун ҷазира делимитатсияи сарҳади (Давомаш дар саҳ.3). рӯ, “сарҳадҳои мавҷуда” байни нишон дода шудааст. Албатта, дар давлатӣ маводи комиссияи
"Насими ИСФАРА"
(Аввалаш дар саҳ.1). ба ҳисоб меравад, бояд барои татбиқи Созишномаи таъсиси ИДМ механизми мушаххаси амалисозии он таҳия ва қабул мегашт. Чун ин Созишнома дар аввал ҳамагӣ аз тарафи се кишвар (Россия, Украина ва Белорус) таҳия ва имзо шуда буд, протоколи замимавии таркибӣ пешбинӣ мекард, ки бо назардошти ислоҳоти минбаъдаи кишварҳои ба он ҳамроҳшаванда ва имзокунанда, дар оянда дар асоси ин Созишнома ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибати байни кишварҳо дар самтҳои гуногун таҳия мегарданд. Аммо дар амал, то имрӯз дар асоси ин Созишнома ҳеҷ ҳуҷҷати танзимкунандаи масъалаи марзҳои байни кишварҳои узв таҳия ва қабул нагашта, банду меъёрҳои он дар сатҳи умумӣ боқӣ монданд. Ин мавқеи Тоҷикистон, яъне радди истифодаи Созишномаи таъсисии ИДМ дар ин маврид, аз назари амалӣ низ дуруст аст, зеро дар аксари ташкилотҳои байналхалқӣ байни аъзои он низоъҳои сарҳадӣ идома меёбанд, ки низомнома ё мавҷудияти ташкилот онҳоро ба таври мустақим танзим ва ҳал намекунад. Масалан, кишварҳои Чин, Ҳинд ва Покистон ҳар се узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд ва кишварҳои узви ин созмон низ дар низомномаи таъсисӣ ягонагии арзӣ ва сарҳадҳои расмии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Аммо узвият дар СҲШ ба худии худ масъала ва баҳси сарҳади давлатӣ байни ин кишварҳоро танзим намекунад ва ихтилофу ҷангҳои онҳо ҳамоно идома дорад. Узвият дар СҲШ аз ин кишварҳо талаб дорад, ки ихтилофҳои сарҳадиро дар рӯҳияи дӯстиву шарикӣ ҳал кунанд, аммо худи масъаларо ба таври мустақим танзим ва ҳал намекунад. Он бояд дар сатҳи тавофуқи дуҷонибаи ин кишварҳо дар ҳамин масъалаи мушаххас ҳал гардад. Ба таври мушаххас, Созишномаи таъсисии ИДМ ва узвият дар ин ташкилот баҳсу низоъҳои сарҳадӣ байни Озорбойҷону Арманистон, Россияву Украина, Россияву Гурҷистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва ғайраро низ ҳал накардааст ва нахоҳад кард, зеро мавзӯъ ва таъйиноти ин созишнома чунин нест. (Албатта, ҷониби Қирғизистон худ дар амал ба Созишномаи таъсисии ИДМ низ пойбанд нест, зеро талаб ва дар соли 2004 бозгирии 50 000 га замини иҷоравӣ дар водии Олой, ки дар замони фурӯпошии ИҶШС ва таъсиси ИДМ дар ихтиёри Тоҷикистон буд, далели ин воқеият аст.) Ҳуҷҷати дигари пешниҳоднамудаи ҷониби Қирғизистон, яъне «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» низ усулҳои муносибат байни ду кишвари мустақилли ҳамсояро муайян карда, дар айни замон, масъалаи сарҳадҳои давлатии байни ду кишварро ҳал ва танзим намекунад. Албатта, ин санад, ки муносибати дӯстона ва сулҳомези байни ду кишварро пешбинӣ менамояд, метавонанд ҳамчун замина ва фазои муносиби сиёсию ҳуқуқӣ, барои ба таври осоишта ҳал шудани баҳси марзҳо кумак кунанд. Аз ҷумла, мазмуну меъёрҳои ин созишномаҳои дӯстиву ҳамкорӣ аз Қирғизистон мантиқан тақозо доранд, ки заминҳои Тоҷикистонро дӯстона
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН, ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?
3
"Насими ИСФАРА"
(Аввалаш дар саҳ.1.2). баҳси бо он ҳал гардад. Ба ибораи дигар, вазъият ва масъалаи марзҳо ҳоло асири ҳолати тағйирёбандаи фазои сиёсӣ ва ихтилофҳои дохилии доираҳои сиёсию маҳаллии кишвари ҳамсоя гаштааст. Дар чунин ҳолат, қабули қарори мушаххас ва хусусан, кафолати иҷрои он аз тарафи кишвари ҳамсоя бисёр мураккаб ва гоҳо имконнопазир аст. Охирин намунаи он маҳз бо сабаби ихтилофҳои сиёсии дохилӣ аз тарафи роҳбарияти нави Қирғизистон рад шудани созишномаи соли 2006 бо Тоҷикистон ё аз тарафи парлумон рад шудани созишномаи марзӣ бо Ўзбекистон аст, ки ҳар ду аз сўи роҳбарияти ин давлат имзо шуда буданд. * * * Ҳамин тавр, танҳо баррасии ҷанбаи ҳуқуқию ҳуҷҷатии баҳси сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин баҳси печида дар чунин шароити мураккаб мегузарад.
9. ХУЛОСА Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН «КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР» НЕСТ? Чун мақсади асосии ин навишта шарҳи соддаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ташаккули тасаввури дақиқ ва равшан дар бораи он миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар буд, дар охир моҳияти мавқеи кишвар ба забони дигар ё дар шакли чанд нуктаи ҷамъбастӣ пешниҳод мешавад. Нуктаҳое, ки дарки он барои ҳамаи мо ҳам зарур ва ҳам воҷиб мебошанд:
14 декабри соли 2022
№ 45 (9460)
"Ҷониби Қирғизистон, ки ҳоло заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, дар ин баҳс БО ТАМОМИ АСОСҲОИ ҲУҚУҚИЮ МАНТИҚӢ ҶОНИБИ ҒОСИБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД."
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН, ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? 9.1. МАҚОМ Ё СТАТУСИ ДУ ҶОНИБИ БАҲСИ МАРЗӢ:
ВОҚЕИЯТ (ЗАМИНҲО) АМАЛАН ДАР ИХТИЁРИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚАРОР ДОРАД. Ин манзараи баҳс низ бояд тасаввур ва дарк шавад.
Тамоми ин 211 000 га замин, ки ҳоло болои он баҳс меравад, қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи ҳаққи қонунии худ баромад мекунад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кишварест, ки аз баргардондани заминҳои қонунии кишвари ҳамсоя худдорӣ менамояд. Яъне дар ин баҳс ТОҶИКИСТОН ҶОНИБИ ҲАҚДОР ВА ҚИРҒИЗИСТОН ҶОНИБИ ҚАРЗДОР МЕБОШАД. Чунин нақш ва мавқеи ду ҷониб дар ин низоъ бояд дар дохилу хориҷи кишвар дақиқан фаҳмонида ва дониста шавад.
9.3. ҲАДАФ ВА МАНФИАТИ ДУ ҶОНИБ ДАР ИН БАҲС:
9.2. ҲАҚИҚАТ ВА ВОҚЕИЯТ ДАР ИН БАҲС: Ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Аммо, дар айни замон, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд. Яъне, ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА АДОЛАТИ ҲУҚУҚӢ ПУРРА ДАР ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН АСТ, АММО МУТААССИФОНА,
Бо дар назардошти ду нуктаи боло, дар низоъ ва гуфтушунидҳои марзӣ, талош, ҲАДАФ ВА МАНФИАТИ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН БАРГАРДОНДАНИ ЗАМИНҲОИ ҚОНУНИИ ХУД АСТ. Аммо дар ин раванд талош, ҳадаф ва манфиати Қирғизистон дар ихтиёри худ нигоҳ доштани ин заминҳои Тоҷикистон ва дар ниҳоят, ҲАМЧУН ҚАЛАМРАВИ ХУД РАСМИЯТ БАХШИДАН БА ОНҲОСТ. Ба истилоҳи дигар, мавқеи Қирғизистон барнагардондан ва ба таври ниҳоӣ аз худ кардани ин заминҳост.
9.4. МАСЪАЛАИ ТАШХИСИ КИШВАРИ «ТАҶОВУЗГАР» ВА КИШВАРИ «ҒОСИБ» ДАР ИН БАҲС: Бо назардошти се нуктаи боло, дар ин баҳси сарҳадӣ, ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат НАМЕТАВОНАД ҲАМЧУН КИШВАРИ ТАҶОВУЗКОР Ё АГРЕССОР ШИНОХТА ШАВАД, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат надорад ва ба он дахолат ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи "Сухани халқ" Абдусабури Абдуваҳҳоб чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева дар бораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва нақши он дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ баромади
Таҷлил аз 28-солагӣ
пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, Гулафзо Ҷӯраева дар баромади худ қайд намуд, ки ҲХДТ бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамчун ҳизби бонуфузтарин ва пешбаранда табдил ёфта, фаъолият менамояд. Ҳамчунин собиқадори ҳизб ва хизмати давлатӣ Раҳимова Башорат, номзади илм - мудири шуъбаи илми ФДТТ дар шаҳри Исфара Шаропова Насиба ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" донӯшҷӯи курси аввали ФДТТ дар
Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки зодаи бузургтарин инқилоби асри ХХ ба шумор мерафт, ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлол асос гузошт. Дар баробари давлатҳои дигар ба кишвари куҳанбунёди тоҷикон низ насими тозаи озодиву истиқлол вазид ва дар ҳаёти мардуми мо давраи нав оғоз гашт. Орзуи деринаи халқи тоҷик оиди истиқлолияти миллӣ ҷомаи амал пӯшид, таърих туҳфаи бебаҳову деринтизорро чун мустақилият ато кард. Мардуми тоҷик ҳанӯз нӯши истиқлоли миллиро фурсати чашидан наёфта, ба хатари ҷонкоҳе рӯ ба рӯ гашт, ки хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шуданро таҳдид мекард. Чунин суръат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ,
маданию миллии давлатҳои тозаистиқлол ба муқобилияти оштинопазири сиёсӣ ва дар охир ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ва ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Вале душманони миллати мо ба мақсадашон нарасиданд, бо шарофати абармарди баномуси тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу истиқлол дар фазои мамлакати мо аз нав танинандоз гашт. Дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфти шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва
қонунии худашро талаб дорад. Ҳатто дар ҳолати бо роҳи зурӣ ва низомӣ заминҳои қонунии худро баргардонидан низ, на аз назари ҳуқуқӣ ва на аз назари воқеию таърихӣ Тоҷикистон кишвари ҳуҷумкунанда ва тарафи таҷовузкор намешавад, зеро ЯК КИШВАР НАМЕТАВОНАД БА ҚАЛАМРАВИ ХУДАШ «ҲУҶУМ» КУНАД Ё БА ОН «ТАҶОВУЗ» КУНАД. Аз ин рў, дар ин баҳсу бӯҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад. Аммо ҷониби Қирғизистон, ки ҳоло заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, дар ин баҳс БО ТАМОМИ АСОСҲО ҲУҚУҚИЮ МАНТИҚӢ ҶОНИБИ ҒОСИБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД. *** P.S. Чунин шарҳи соддаи моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои он зарур аст, ки илова бар мутахассисон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ ба ин нуктаҳои содда ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошад. Аз ҷумла эътимод дошта бошад, ки: 1. Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд; 2. Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад;
шаҳри Исфара Ҳамроқулов Фараҳшод дар бораи хидматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани некуаҳволии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва мустаҳкам намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа суханронӣ намуданд. Аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Абдусабури Абдуваҳҳоб чорабиниро ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният намуда, диққати онҳоро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию худогоҳии ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихӣ, инчунин омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд. Дар охир як гурӯҳ фаъолон ва собиқадорони ҳизб барои саҳми шахсиашон дар тарғибу ташвиқи ғояҳо ва Барномаҳои ҲХДТ, бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд. идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллат эътироф гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохт. Барои расидан аз ҳама ҷиҳат ба мустақилияти пурра ҳалли масъалаҳои мазкурро ҳадафи асосии худ қарор дод: таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ саноатикунонии босуръати кишвар. М. АБДУЛЛОЗОДА, муовини раиси суди шаҳри Исфара. Э.М. ДАВРОНЗОДА, котиби маҷлиси судӣ.
3. Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад; 4. Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад; 5. Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад; 6. Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст; 7. Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар дар ин масъала ҷавобгўи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад; 8. Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи бархақ ва дифои муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст. Доштани чунин пояи мантиқӣ ва чунин бовари рўшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзуи ҳассос, барои ташаккули рўҳияи ватандўстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад. Табиист, ки бе донистани рўшани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тўлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Зеро, чуноне, ки мегўянд, ҲАР БОВАР БОЯД МАНТИҚ ВА АСОСИ УСТУВОР ДОШТА БОШАД. Абдуллоҳи РАҲНАМО, сиёсатшинос.
Баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ Дар асоси нақшаи муштараки кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи 1-уми ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғону ҷавонони ШВКД-1, Раёсати маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш аз санаи 8-ум то 14-уми декабр вобаста ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва дар ин замина таҳия сохтани барномаҳои тарбиявии телевизионӣ миёни ҷавонон ва наврасон силсилаи вохӯриҳо баргузор карда шуд. Дар рафти беш аз даҳ адад чунин вохӯриҳо бо баробари суҳбат дар мавзуи пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, дар робита ба масъалаҳои дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, мубориза алайҳи хурофотпарастӣ, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва гурӯҳҳои ифротиву муташаккили ҷиноятӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, зарурати васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ, далериву шуҷоат ва ватанпарастӣ, эҳтиром ба қонунҳову арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ маърузаҳо хонда шуданд. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1, 69, литсейи №1 ва “Мактаби байналмилалии Контакт” ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ барномаҳои мавзуиву тарбиявии телевизионӣ намоиш дода шуда, аз тарбиятгирандагон дар ин боб масъулиятшиносии бештар тақозо гардид. Гузашта аз он гурӯҳи муштараки тарғиботӣ аз тамоми сарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ФДТТИ ва Коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои миёнаи махсуси шаҳр ва дар маҷмуъ аз ҳамаи кормандони соҳаи маориф талаб карда шуд, ки дар байни хонандагону донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои болозикр ба таври мунтазам суҳбатҳо доир карда шаванд. Зеро мубориза бо қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ва пешгирии хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ин на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф низ мебошад. А. Ҳ. МИРСАЙЗОД, ёрдамчии калони прокурори шаҳр, ҳуқуқшиноси дараҷаи I.
4
"Насими ИСФАРА"
Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад. Солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё меафзояд. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ – яке аз роҳҳои ворид намудани маблағ ба буҷаи оила мебошад. Муҳоҷирон аз ҳисоби кор дар хориҷа маблағ ба даст оварда, вазъи оилавии худро беҳтар мекунанд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, тибқи пешбиниҳои СММ, то соли 2050 шумораи онҳо ба 405 миллион нафар хоҳад расид. Имрӯз муҳоҷират ва равандҳои он ба яке аз масъалаҳои муҳимми глобалӣ табдил ёфтаанд. Он ҳамчун раванди мураккаби ҷамъиятӣ қариб ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъсиргузор аст. Ҳодисаҳои навини ҷомеа, махсусан ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухўрдҳои мусаллаҳона ва умуман шиддат гирифтани рақобати давлатҳои абарқудрат миллату халқиятҳои гуногунро маҷбур сохтанд, ки ба худ номи гуреза ё муҳоҷир гиранд. Омили дигари муҳоҷирати байналмилалии қувваҳои корӣ ин нобаробарии тараққиёти иқтисодии ҷаҳонӣ, даромадҳо ва имкониятҳо
14 декабри соли 2022
№ 45 (9460)
Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, тибқи пешбиниҳои СММ, то соли 2050 шумораи онҳо ба 405 миллион нафар хоҳад расид.
18 декабр - Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон
Саҳми муҳоҷирон дар рушди ҷомеа дар давлатҳои алоҳида, алалхусус байни мамлакатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ сабаби зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд, дар маҷмуъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳим дошта, сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе назардошти ин падида ғайриимкон аст. Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо давлатҳои иштирокчиро уҳдадор намудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар он пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рўи ҷинс, нажод, ранги пўст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар,
Диққат: озмун
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара озмунро оид ба иҷора додани амволи давлатии зерин эълон менамояд. Маҳалли баргузории озмун: шаҳри Исфара, ошёнаи 1-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ №20. Вақти баргузорӣ – 06 январи соли 2023, соати 15-00. Кабули дархостҳо барои иштирок дар озмун ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад. Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ; - барои шахсони воқеӣ- нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият; - лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи объекти иҷора гузошта шудааст; -нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ. Ғолиби озмун дар давоми 5 рӯзи бонкӣ пас аз ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби иҷорадиҳанда ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби дахлдор пардохт менамояд, ки ин маблағҳо ба арзиши объекти иҷора дохил намешавад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 2-77-47, 2-14-96, 98-898-21-21 гирифта метавонед.
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати хатми маълумоти асосии №246501, ки МТМУ №53 солҳои таҳсили 1987-1988 ба Шомирсаидова Муборак Самадовна додааст. *** Шиносномаи миллии силсилаи А №03101208, ки ШВКД-1-и шаҳри Исфара 24 январи соли 2020 ба Сидиқов Мӯмин Эргашович додааст. *** Аттестати хатми маълумоти асосии силсилаи А №274764, ки МТМУ №52 солҳои таҳсили 19941995 ба Мирзакулова Маликахон Кадировна додааст. "Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97
баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молу мулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд. Тибқи муҳтавои ин Конвенсия, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархўрдор буда, ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шаванд. Айни замон бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули санади нави байналмилалӣ дар ин самт – Созишномаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам мавриди баррасии давлатҳо қарор дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрўз аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест.
Тавре маълум аст, кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваҳои кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷа бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир аст. Аз ин рў, масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваи корӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар равона гардидааст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанўз соли 2001 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба
ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам буда, барои омодагии касбӣ, бо кор таъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон як қатор барномаҳо амалӣ шуда истодаанд. М. АХМЕДОВ, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара.
Рӯйхати иншоотҳои коммуналии шаҳр, ки аз тарафи комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба гузаронидани озмуни иҷораи амволи давлатӣ нархгузорӣ карда шудаанд. Номгӯйи иншоот
44 адад терминалҳои худхизматрасони бонкӣ Утоқи корӣ дар Маркази саломатӣ МДТ МТМУ №32 ҷ/д Навгилем Бинои ошхона дар МТМУ №6 Утоқи корӣ дар бинои Маркази саломатии ҷ.д. Чоркӯҳ Қисми бинои гурӯҳи хоҷагии Раёсати маорифи шаҳр Утоқи корӣ воқеъ дар Маркази саломатӣ Маркази саломатии деҳаи Сурх Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ дар ҳудуди Маркази саломатӣ Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ
Суроға
Маблағи иҷора барои 1 моҳ (сомонӣ)
Маблағи иҷора барои 1 сол
дар ҳудуди ш.Исфара, ҷ\д Ворух, Чоркӯҳ, Кӯлканд ш. Исфара ш.Исфара ш.Исфара ш. Исфара. ҷ.д.Чоркӯҳ
1584
19008
780 192 198 720
9360 2304 2376 8640
2 2 2 2
23,0 9,0 47,2 18,0
ш.Исфара, к.Саъдӣ
504
6048
2
24,0
ш.Исфара, к.Марказӣ ш.Исфара, ҷ.д.Сурх ш.Исфара
1404 576 1295
16848 6912 15540
2 2 2
45,0 18,0 12,0
1045
12540
2
25,0
385 1123
4620 13476
2 2
12,0 15,0
1123
13476
2
20,0
780 1248 811 374 540 650 200 400 144 223 130 130 130 144 216 200 288 300
9360 14976 9732 4488 6480 7800 2400 4800 1728 2676 1560 1560 1560 1728 2592 2400 3456 3600
2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2 2
23,0 25,0 13,0 20,0 25,0 552,0 55 15,0 15 150 2,0 2,0 2,0 40,0 90,0 60,0 180,0 3100,0
ш.Исфара, ҷ.д.Навгилем, деҳаи Офтобрӯй Утоқи корӣ дар бахши фарҳанг ш.Исфара, кӯчаи Марказӣ Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ дар ҳудуди бинои ш.Исфара, хоҷагии ҷомеавии Боғистон «Парки трактории» х\ҷ «Боғистон» Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ дар ҳудуди «Парки ш.Исфара, хоҷагии ҷомеавии Боғистон трактории» х\ҷ Боғистон Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ дар МТМУ № 39 ш.Исфара, ҷ.д.Лаккон Нуқтаи мавҷпаҳнкунӣ дар ҷ.д.Лаккон ш.Исфара, ҷ.д.Лаккон Дорухона дар Маркази саломатӣ ш.Исфара, к Марказӣ Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ш.Исфара, кӯчаи Б. Махкамов Беморхонаи марказии №2 шаҳри Исфара ш.Исфара, ҷ\д Чоркӯҳ Бинои ошхона дар БМШ ш.Исфара, Муассисаи таълимии миёнаи умумии №31 ш.Исфара, ҷ/д Навгилем Утоқи корӣ дар Маркази саломатӣ ш.Исфара, ҷ\д Навгилем Дукони фурӯши маводи хониш ш. Исфара, кӯч. Марказӣ, МТМУ №1 Қисми ошхонаи МТМУ №1 ш. Исфара, кӯч. Марказӣ, МТМУ №1 Банкомат ш.Исфара, Маркази саломатӣ Банкомат ш.Исфара, бахши фарҳанг Банкомат ш.Исфара, Беморхонаи марказӣ 2 утоқи корӣ дар бахши фарҳанг Китобхонаи бахши фарҳанг Бинои ошхонаи МТМУ №5 ш.Исфара, МТМУ №5 Ошхонаи МТМУ №68 ш.Исфара Ошхонаи МТМУ №12 ш.Исфара, к. Марказӣ Бинои гармоба бо саҳнаш ш.Исфара, ҷамоати шаҳраки Шӯроб *** Шартномаи хариду фурӯши Сехи дӯзандагӣ Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
воқеъ дар шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Тоҷикистон хонаи б/р, ки дар идораи нотариалии шаҳри Исфара аз санаи Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 13. 12. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
Муҳлати Масоҳати амали амволи шартнома ба иҷора (сол) додашаванда (м2) 2 22,0
05 феврали соли 2021 дар феҳрасти 4Ш-78 ба қайд гирифта шудааст. ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________