"Насими Исфара" № 4, от 26 января 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №4 (9419) *** Чоршанбе, 26. 01. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Исфара: бо як ҷумла Санаи 20 январи соли 2022 дар ҳудуди деҳаи Оқсой қирғизҳо нақлиёти боркашони тамғаи КАМАЗ-ро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Асламов идора мекард, сангборон карданд. *** Вобаста ба рӯйдоди 20 январи соли ҷорӣ баамаломада ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот намуданд, ки Тоҷикистонро раиси шаҳри Исфара Раҷаббой Аҳмадзода ва Қирғизистонро раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Жоробоев роҳбарӣ карданд. *** Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо 10000 сомонӣ маблағи ҷудонамудаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ба китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 500 дона китобҳои нав харидорӣ карда шуд. *** Дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ” ҷамъбаст гардид

Бозори шуғл

Соҳиби кор шуданд Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара ҷиҳати бо кор таъмин намудан ва ба таҳсили касбӣ фаро гирифтани нафарони бешуғл дар ФМД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара" ярмаркаи ҷойҳои

ва дар он китобхонаи МТМУ №68 бо Сипосномаи сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим сарфароз гардонида шуд. *** Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти масъулини “Амонатбонк” бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид, ки дар он масъалаҳои сатҳи хизматрасонӣ, усулҳои беҳтарин кардани фаъолияти бонкӣ, роҳҳои гирифтани қарзҳои имтиёзнок баррасӣ шуданд. *** Аз тарафи шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроия, аз ҷумла шуъбаҳои рушди иҷтимоиёт ва кор бо ҷомеа ва кор бо занон ва оила баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва иммунизатсияи аҳолӣ гардишҳои "Хона ба хона" гузаронида шуда истодаанд. *** Аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиш таҳти унвони “Паёмроҳнамо барои ҷавонон” бо ҷавонони синни 14-18 сола суҳбатҳо гузаронида шуд.

холии кориро доир намуд, ки дар ҷараёни он намояндагони 11 корхонаву муассисаҳо ба интихоби корҷӯяндагон 530 адад ҷойҳои кориро бо музди меҳнати аз 600 то 2000 сомонӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷа 15 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ ва 15 нафари дигар барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. М. МИРЗОМАНСУРОВА, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара.

Мавқеъ

Мавзеи Зарафшон пурра аз мост М

утобиқ ба протоколе, ки Садир Жапаров ёдрас шудааст, 3 марти соли 2009 қитъаи роҳ бо дарозии 275 метр дар соҳили дарёи Исфара дар мавзеи Зарафшон ба муддати 49 сол ба маблағи рамзӣ ба иҷора ба ҷониби қирғиз дода шудааст. Онро аз ҳар ду ҷониб котибони Шӯрои амният А. Азимов ва А. Мадумаров имзо кардаанд. Аслан натанҳо ин 275 метр роҳи ба иҷорадодашуда, балки ҳамаи заминҳои атрофи деҳоти Чоркӯҳу Воруху Сурх бебаҳс ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Далели ин гуфтаҳо санаду фактҳои раднавшандаи таърихӣ мебошанд. Имрӯз С. Жапаров ба гуфти мардум дар калимаи “худойбердӣ” “худояш”-ро дидаасту “берди”ашро не. Зеро ӯ вобаста ба даҳҳо ҳазор замини ба иҷорагирифтаи Қирғизистон ҳарфе намегӯяд. Ин гуна заминҳо бештар аз 2500 километри квадратӣ мебошанд. Барои ин бигзор як бор ба ҳамаи харитаҳои то соли 1956 мавҷудбуда назар кунад. Ҳудуди Қирғизистон дар соли 1927 вақти таъсисёбии Ҷумҳурии автономии Қирғизистон 195 740 километри квадратӣ буд, баъд соли 1936 он 196,3 километри квадратӣ шуд. Дар соли 1975 бошад, ба 199,951 километри квадратӣ расид. Ба наздикӣ метавонад аз 200 000 километри квадратӣ гузарад. Аз кадом ҳисоб? Албатта, аз ҳисоби худсарона ғасбу азхудкунии заминҳои ҳамсоякишварҳо, хосса Тоҷикистон. Дар баробари ин дарёи Исфара аз саргаҳаш, чӣ ҳудуди Оқсой бошаду чӣ дигар ҳудудҳои ба ном баҳсӣ сифр ҳудуди тоҷикон ва Тоҷикистон мебошад. Барои

Амали хайр

Покизагӣ нишони неки одамист

Меҳмони аз шаҳр омада, ба кӯчаҳои тозаву оростаи деҳа назар дӯхта, суол кард: “Шанбегӣ гузаронидед магар, тамоми кӯчаҳо ин қадар тозаву озода?” -На, - иброз дошт, марди кушодачеҳра ва зиёинамое бо номи Мукаррамхоҷа, - Иқдоми ҷавонони деҳа аст, ки ҳамарӯза аз паи тозагии манзили худ ҳастанд. Ҳар субҳгоҳон пирону бознишастагони русто вақти бозгашт аз ибодати бомдодӣ аз ҳолати риққатовари кӯчаҳои марказии деҳа дар шигифт меафтоданд. Қоғазпораҳои рангоранги шириниву хӯрданиҳои замони муосир, ки зери пой паҳну парешон мехобиданд аз маданияти пасти деҳдорӣ гувоҳӣ медод. Бастаҳои гуногуни нони хушк, қуттиҳои яхмос, халтачаҳои офтобпараст ҷо-ҷо ба назар мерасид.

Мӯйсафедон худ ба ҷамъоварии қоғазпораҳо ҳамарӯза машғул мешуданд. Пас аз гузаштани якчанд рӯз Афзалшоҳ Раҳматзода - толибилми мактаби деҳа бо чанде аз ҳамсабақонаш маслиҳат намуда, барои ислоҳи ин мушкилот ба тамоми симчӯбҳои канори роҳи марказӣ қуттиҳои партов насб намуданд. Ин иқдом агарчӣ содда аст, аммо ба ҳама маъқул афтод. Вақте ки сарчашмаҳои ин рӯйдоди наҷибро пурсуҷӯ намудем, маълум гашт, ки сарвари мактаб зани оқилаву хирадпеша Шарифабону Маликова ба маслиҳати пирони деҳа гӯш дода, ба шогирдонаш ташкили чунин қуттиҳоро маслиҳат додааст. Саҳни мактаби деҳа серодам буд. Волидайни хонандагон ба ҳарфҳои омӯзгори фанни кимиё Ҳоҷизода

Довудҷон бодиққат гӯш медоданд. Наздикии дусад нафар хонандагони мактаб ҷоиза гирифтанд. Туҳфаҳо аз китоб ва дигар лавозимоти хониш иборат буд. Он хонандагоне,ки давоми як чоряк бе ғоиб ва бо баҳои хубу аъло таҳсилашонро ҷамъбаст намудаанд, соҳиби ҷоиза гардиданд. Ҳам падару модарон ва ҳам хонандагон ниҳоят қаноатманд буданд. Омӯзгори собиқадор Бобоҷон Тӯйчизода иброз намуданд: “Ман ниҳоят хушҳолам,ки Довудҷон ҳамчун инсони асил бисёр саховатманд аст. Умуман ҳамаи аъзои оилаи Ҳоҷиевҳо дар ҳамаи ҷабҳаи корҳои ободонии деҳа намунаи ибратанд. Дар тамоми тарҳҳои ба саҳлгардонии рӯзгори мардум равонашуда фаъоланд. Садҳо бех ниҳол барои боғи мактаб, ташкили боғи хуч, ҳавзи об барои

Президенти ҳамсоядавлат Садир Жапаров дар мусоҳиба бо “Вечерний Бишкек” ба масъалаи аз ҷониби Қирғизистон ба муддати 49 сол ба иҷора гирифтани заминҳои Тоҷикистон дар мавзеи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара дахл намуда, онро нодуруст арзёбӣ карда, саҳеҳияташро зери суол бурдааст. Ин рафтор ва амалкарди Жапаров аз популизме беш нест. Зеро бо ин усул сиёсатмадорони ҳамсоякишвар мехоҳанд диққати шаҳрвандонашонро аз мушкилоти аслӣ дур кунанду дивиденти сиёсӣ гиранд. ин танҳо кифоя аст ба харитаҳои то соли 1975 назар кунем. Оё беҳтару хубтар аз он далели қотеъ буда метавонад? Кас ҳайрон мешавад, ки дар кадом асос ҷониби Қирғизистон аслан даъвои қадимият мекунанду давлату давлатдорӣ. Биёед ба фактҳои таърихӣ рӯй меоварем. Баъди Инқилоби Октябр қариб ҳама ҳудуди Осиёи Марказӣ ба ҳайати ҶМШС Туркистон дохил мешуд. Қирғизҳо аз ҳайати ҶМШС Туркистон 14 октябри соли 1924 баромада, танҳо моҳи майи соли 1925 номи вилояти Автономии Қирғизистон дар ҳайати РСФСР-ро гирифтанд. Аз ин пештар бошад, мутобиқ ба декрет аз 21 августи

беморхона, дастгирии камбизоатон, ёрии ҳамасола барои мактаб-интернат ва ғайраро барои оилаи худ қарз меҳисобанд, зеро падари эшон пеш аз фавт зарурати анҷоми ин гуна амалҳоро таъкид карда буд. Пайравони Довудҷон зиёданд, Шуҳайбиддин, Бибифотима, Ситорабону, Неъматҷон, Илҳомҷон, Холдорбой амсоли онҳо имрӯз аз паи устоди худ мераванд. Дар ин маърака Афзалшоҳ низ ҷоиза гирифт. Соҳибият ба ин ҷоиза ба ӯ бо кумаку дастгирии падару модар, омӯзгорон ва ҳамдеҳагонаш муяссар гардид. Фарҳанги баланди рӯзгордорӣ ин аз аркони муҳимми миллатдӯстиву ватанпарварист. Биёед бо ҳам ҳавлӣ, маҳалла, деҳа, шаҳру вилоят ва дар маҷмӯъ мамлакати худро обод ва боз ҳам зеботар мегардонем. Барои анҷоми ин кор тамоми воситаву имкониятҳоро дорем, зеро миллати мо аз азал шаҳрнишину шаҳрсоз буд. Андалеб ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.

соли 1920 Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфтааст, на Қирғизистон, зеро муаллифони декрети мазкур он ҳангом дақиқан намедонистанд, ки қазоқ кӣ асту қирғиз кӣ аст. Яъне аз қадимулайём дар минтақаҳои имрӯзаи ба ном баҳсӣ сифр тоҷикон зиндагонӣ мекарданд ва ин ҳудудҳо куллан аз они Тоҷикистон мебошад. Яъне бо ибораи дигар гуфтаҳои популистонаи С. Жапаров асос надоранд, балки ин ҳама ҳудудҳои имрӯзаи ба номи баҳсӣ ва ҳатто ғайрибаҳсӣ то қаторкӯҳҳои Туркистон, ки аз болои Чоркӯҳу Сурх мегузаранд, комилан ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрвандони азиз! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мушоҳида кардани партовҳои дар ҷойҳои номуносиб партофташуда, маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта, намуди зоҳириашон ба талаботи гигиениву санитарӣ мутобиқат намекарда ҳатман тариқи телефонҳои 834 62 2 29 90, 918 98 41 95 ба мо хабар диҳед. Зеро танҳо дар ҳамкорӣ бо шумо шаҳрамонро зебо намуда, ҷомеаи солим бунёд карда метавонем. МАЪМУРИЯТИ МНДСЭ.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара" № 4, от 26 января 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu