Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 29 (9444) *** Чоршанбе, 3. 08. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Боздиди раиси шаҳр аз Хонобод Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар Ҷамоати деҳоти Хонобод оилаҳои беморро аёдат намуда, бо рафти барқароркунии кӯпрук дар деҳаи Хушобод ва оғози умури мумфаршсозии роҳи Яккачинор - Баланд ширкат варзид.
Н
ахуст шаҳрдори Исфара дар деҳаи Яккачинор 5 нафар шахсони беморро аёдат карда, зимнан таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мувофиқ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош дорад, то аз ҳолу аҳволи шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, бепарасторону ятимон хабаргирӣ намуда, дар ҳалли мушкилоти онҳо саҳмгузор бошад. Ҳангоми аёдат ба беморон кумакҳои моддӣ расонида шуд. Минбаъд раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо рафти корҳои барқароркунии кӯпруки деҳаи Хушобод шинос шуд. Бояд гуфт, ки кӯпруки мазкур дар натиҷаи омадани сел хароб гардидааст. Ҳангоми боздид аз ин мавзеъ шаҳрдор аз масъулин иҷрои саривақтии супоришҳоро тақозо намуда, таъкид дошт, ки кӯпрук барои мардуми маҳал ҷузъи муҳимми ҳаракат мебошад ва он бояд дар вақти муайяншуда бо риояи меъёрҳои техникӣ таъмиру тармим ва барқарор карда шавад.
Қувваи мушт дар панҷ ангушт Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти омодагӣ ба даъвати чавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона дар маҳалҳо вохӯриву мулоқотҳо доир гардида истодаанд.
Ч
унин як мулоқот бо иштироки муовинони раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва Суруриддин Зиёваддинзода дар Ҷамоати деҳоти
Оғоз бахшидан ба раванди мумфаршсозии 2,5 километр роҳи Яккачинор-Баланд қисмати дигари боздиди раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз Ҷамоати деҳоти Хонобод буд. Бояд гуфт, ки мардуми созандаю ободкори деҳаҳои Яккачинор ва Баланд ба мисли дигар мардуми шаҳру деҳоти Исфара ба таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зисти худ бо саҳми умум камари ҳиммат бастаанд. Раиси шаҳр қабл аз оғози корҳо бо сокинони деҳот суҳбат ороста, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ёдовар гашт ва ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми Ҷамоати деҳоти Хонобод, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатии ватандӯст ва соҳибкорони саховатпешаи бурунмарзии зодаи ин сарзамин ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкорро дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва ободонии маҳалли зист шоистаи таҳсин ва ибрату пайравиҳо арзёбӣ намуд. Мавсуф изҳори қаноатмандӣ аз он дошт, ки мардуми Исфара, хосса хонободиҳо ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумат бахшида ба омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию ободониро дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъмиру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ аҳлонаю дастҷамъона вусъат мебахшанд, дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳо дар баробари соҳибкорон, аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд.
Ворух сурат гирифт. Зимни суҳбат бо сокинон муовинони раиси шаҳр аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори андеша карда, таъкид намуданд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъматҳои зиндагӣ - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи аҳли нишастро ҳамчунин ба масъалаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди шуғли хонагии бонувон ҷалб намуданд. Чанде аз ширкатдорон бо ҳамовозӣ бо маърузачиён аз дастовардҳои хуби айёми Истиқлолияти давлатӣ ва нақшаву ниятҳои неки Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду равнақи минбаъдаи Ватани маҳбуб иброз намуданд. Онҳо хотирнишон карданд, ки барои таъмини шукуфоии минбаъдаи сарзамин бояд дар ҳамфикриву ҳамдигарфаҳмӣ ва якҷоягӣ амал кард. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Қувваи мушт дар панҷ ангушт".
А
гар барои ҳалли буҳрони озуқаворӣ тадбир андешида нашавад, инсоният ба гуруснагии оммавӣ, бесуботии сиёсӣ ва муҳоҷирати бенизом мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) гуфта шудааст. Таҳримҳо мардумро дар саросари ҷаҳон ба гуруснагӣ ва фақр гирифтор мекунанд. Чунин буҳрон метавонад сабаби марги миллионҳо нафар гардад. Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд. Ба ҳисоби коршиносон, соли оянда шумораи гуруснагон аз 13 миллион нафар зиёд мешавад. Дар сомонаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ соли 2022 «соли гуруснагии бесобиқа» номида шудааст. Тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз 828 миллион нафар аз норасоии ғизо азият мекашанд. Теъдоди нафароне, ки ба норасоии ғизо дучоранд, аз 135 миллион дар соли 2019 ба 345 миллион расидааст. 50 миллион нафар дар 45 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ умр ба сар мебаранд. СММ тасдиқ менамояд, ки барои ғизои 152 миллион нафар 22,2 миллиард доллар зарур аст. Норасоии ғизоро, дар навбати аввал Миср, Ҳабашистон, Нигерия, Судони Ҷанубӣ ва Яман эҳсос менамоянд. Тибқи пешгӯии коршиносон Афғонистон ва Сомалӣ ба нуқтаҳои нави шиддатнок табдил хоҳанд ёфт. Бо вуҷуди ин норасоии ғизо ба кишварҳои пешрафта низ таҳдид мекунад. Дар он ҷо нархҳо аллакай чанд маротиба боло рафта, ба ҳамёни истеъмолкунандагон зарба мезананд. Афзоиши нархи гӯшт, ғалла, сабзавот ва мева баръало намоён аст. Деҳқонон афзоиши қимати нуриҳои минералиро низ зикр мекунанд ва ҷаҳон аллакай дар остонаи камбуди нон қарор дорад. Масалан Миср бузургтарин воридкунандаи гандум дар ҷаҳон аст ва ҳамасола аз хориҷи кишвар ҳудуди 11 миллион тонна ғалла бо истеъмоли солонаи 18 миллион тонна мехарад. Содиркунандагони асосии гандум ба ин ҷумҳурии арабӣ Русия ва Украина мебошанд. Ҳаҷми интиқоли ғаллаи Россия соли гузашта ба 8,2 миллион тонна (74,5 фоизи тамоми воридоти ғалла) расид. Ҳиссаи Украина тақрибан 20% -ро ташкил медиҳад, боқимонда аз ҳисоби дигар давлатҳо пур карда мешавад. СММ чаҳор сабаби гуруснагии оммавиро номбар кардааст: даргириҳои мусаллаҳона, офатҳои иқлимӣ, оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва болоравии нархҳо. Ба гуфтаи ин созмон 60 дарсади гуруснагон дар ҳудуде зиндагӣ мекунанд, ки даргириҳои мусаллаҳона ҷараён доранд ва ё ба он наздиканд. “Мо ҳамин ҳоло бо бӯҳрони бесобиқа рӯ ба рӯ гардидаем ва агар бо он ба таври стратегӣ ва муассир мубориза набарем, пас моро гуруснагии оммавӣ, бесуботии даҳҳо кишвар ва муҳоҷирати оммавӣ интизоранд”,гуфт директори барномаи озуқаворӣ Дэвид Бисли (иқтибос аз “РИА Новости”). Бисли ҳушдор дод, ки соли оянда метавонад нисбат ба ин сол «хеле шадидтар» бошад. Вай ҳамчунин иқрор шуд, ки дар мудати 6-12 моҳи оянда ҷомеаи ҷаҳонӣ бинобар болоравии қимати маводи ғизоӣ ба мушкилот дучор хоҳад шуд. Баъд аз ин, агар мушкил ҳал нашавад,
Президент ҳушдор дода буданд Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд: ба ҷаҳон гуруснагии сахттарин пас аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид мекунад ҷаҳонро метавонад норасоии сартосарии ғизо фаро гирад. Аввали моҳи июл СММ пешгӯӣ карда буд, ки тақрибан 13 миллион нафар дар ҷаҳон ба далели амалиёти ҷангӣ дар Украина имсол ба таври изофӣ бо мушкилоти гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Тибқи пешгӯиҳои навшуда соли 2030 беш аз 670 миллион нафар метавонанд эҳсоси гуруснагӣ кунанд. El Pais 22 июн хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо гузоришеро дар бораи пайомадҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии амалиёти Россия дар Украина барои кишварҳои сеюм омода кардааст. Кишварҳои аврупоӣ аз афзоиши хатари “қаҳтии фалокатбор” дар Африқои Шимолӣ ҳушдор додаанд. Дар бисёр мамлакатҳои Африқо имсол ҳосил амалан набуд, аз миёнаҳои соли гузашта қариб 3 миллион cap чорво нобуд шуд. Кишоварзӣ дар Африқо дорои иқтидори бузург аст, аммо сармоягузорӣ талаб мекунад. Дар Зимбабве соли 2022 қариб 3,8 миллион нафар бинобар ҳосили паст бар асари хушксолӣ ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд, бармеояд аз ҳисоботи Кумитаи арзёбии осебпазирии Зимбабве (ZimVAC). Дар Миср, Лубнон, Либия, Сурия, Тунис, Марокаш ва Фаластин — бӯҳрони озуқаворӣ, хушксолӣ ва нарасидани об мавҷуд аст. Тақрибан чоряки аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо норасоии шадиди об таҳдид мекунад. Яъне, ду миллиард нафар ба оби равон дастрасӣ надоранд, омадааст дар ҳисоботи Пажӯҳишгоҳи захираҳои ҷаҳонӣ (WRI). Харитаи хавфи обии пешниҳоднамудаи WRI норасоии об, хушксолӣ ва обхезиро арзёбӣ мекунад. Кишоварзӣ, саноат ва шаҳрҳо дар 17 кишвари ҷаҳон қариб тамоми захираҳои обиро (ба ҳисоби миёна 80%) истеъмол мекунанд. Ба ин феҳрист Қатар, Исроил, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, АМА, Сан-Марино, Баҳрайн, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Уммон ва Ботсвана шомиланд. Дувоздаҳ кишвар аз ин феҳрист, ки ба камбуди фавқулода баланди об дучоранд, дар Шарқи Наздик ва Миёна ҷойгиранд, ки дар он ҷо норасоии об метавонад на танҳо рақобатро барои захираҳои об, масалан, миёни деҳот ва хонаводаҳо афзоиш диҳад, балки ташаннуҷи сиёсиро низ вазнинтар намояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки соли 2022 “барои башарият аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ соли душвортарин ва вазнинтарин” хоҳад буд. Сарвари Тоҷикистон дар ин бора 1 апрели соли равон зимни суханронии табрикии
худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон изҳори назар намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат аз ҳамватанон даъват намуданд, ки бинобар таъсири ҷиддии авзои ҷаҳон ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои на кам аз ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд. «Мо бояд ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳорро истифода барем, то маъракаи киштро сари вақт анҷом дода, ба ҳосили фаровон замина гузорем. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар оила бояд барои ду сол маводи ғизоӣ захира намояд», - хулоса намуданд Президенти Тоҷикистон. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 28 июл, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати кишвар бори дигар ба ин мавзуъ рӯй оварда, доир ба зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии воридоти гандум ба мамлакат сухан гуфтанд. Чунин супоришҳо аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони аввали Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла дода шуданд. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки барои воридоти мунтазами гандум аз хориҷи кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, роҳҳои ҷойгузини (алтернативии) воридоти он низ ҷустуҷӯ карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ба 107,2 фоиз расидааст, захираҳои кишвар ҳанӯз ҳам пурра истифода намешаванд. Дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумат вазифа гузоштанд, ки амнияти озуқавории кишварро ҳифз карда, бо оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин аҳолиро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, ин имкон медиҳад, ки дар як сол се-чор ҳосил рӯёнида, аз ҳисоби кишти такрорӣ майдони кишт зиёд карда шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор карданд, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро оид ба афзоиш додани майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд. АМИТ «ХОВАР».
2
"Насими ИСФАРА"
3 августи соли 2022
Бардошт
Ғамхории Пешвои миллат 7
июли соли 2022 ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ба тасвиб расид. Ба имзо расидани ин Амр бори дигар шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззам нисбат ба миллату давлат ғамхориҳои беандоза зоҳир намуда, талош ба он доранд, ки насли ҷавон дар рӯҳияи ватанхоҳиву ватанпарастӣ, шинохти асолати худ ва ҷойгоҳи миллати тоҷик дар паҳнои таърих ба воя расад. Аслан ин чорумин озмуни ҷумҳуриявиест, ки бевосита бо ташаббуси Президенти кишвар амалӣ шуда истодааст. Озмунҳои “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки ҳамасола баргузор шуда истодаанд, майдони дарёфти истеъдодҳо, ҳавасмандии ҷомеа ва таккондиҳандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мебошад. Ба шарофати ин озмунҳо истеъдодҳои зиёде кашф гардиданду ба онҳо роҳу самти фаъолият боз шуд. Истеъдодҳо хазинаи тиллоии миллат буда, барои рушду нумӯи он саҳми мондагор доранд. Озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” низ дар баробари бори дигар зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба китоби “Тоҷикон” дар бедории мардум, баландбардории ҳуввияти миллӣ ва баҳамоии сокинони кишвар қадами арзишманди таърихист. Имрӯз ҳар як оилаи тоҷикистонӣ ба шарофати дилсӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ройгон соҳиби китоби “Тоҷикон” гардид. Ҳар яки мо новобаста аз синну сол метавонем дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст орем. Пас “Ба ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард!” А.ШАРИФЗОДА.
Д
ар давраи таътили тобистона ба оворагардӣ, қонунвайронкуниҳо ва дигар амалҳои номатлуб даст задани наврасону ҷавонон нисбат ба давраи таҳсил бештар ба қайд гирифта мешавад. Зеро дар ин давра аксаран наврасону ҷавонон аз таҳсил озод буда, вақти холигии зиёд доранд. Ин боис мешавад, ки баъзе аз онҳо аз назорат дур мемонанд. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва осоишгоҳҳо бо ҷалби сохторҳои марбута дар давраи таътил барои кӯдакону наврасон урдугоҳҳои тобистона ташкил мекунанд. Дар шаҳри Исфара се адад чунин урдугоҳҳо мавҷуданд, ки ҳамасола барои солимгардонии хонандагон хизмат мекунанд. Имсол бинобар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ танҳо урдугоҳи беруназшаҳрии Раёсати маорифи шаҳр, маъруф бо номи “Гагарин” фаъолият намуд. Аммо масъулин бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо кӯшиш намуданд, то дар ин масъала кӯдакону наврасони шаҳру деҳоти Исфара мушкилие надошта бошанд. Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр Зайнура Ҳасанова вобаста ба мавзуъ иттилоъ дод, ки бобати саривақт омода намудани биною иншоотҳои истироҳатии урдугоҳҳои солимгардонии кӯдакону наврасон дар тобистони соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2022, №211 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи
№ 29 (9444)
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729” ва мувофиқи “Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022” нишасти матбуотии директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, н.и.и. Холиқзода Музаффар Ғафур доир гардид.
Бачагӣ афсона буд, Чангбозӣ дар даруни хона буд. Додару хоҳар ҳама
паҳлуи ҳам бе дарду ғам, Модари ғамхору мушфиқ субҳу шом, гирди мо парвона буд.
Нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ
Посухи Холиқзода ба саволҳо
қабул ба мактаби олӣ 311 нафар аз ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат гирифтаанд. Маркази рушди фанҳои дақиқ ва зеҳни сунъӣ бунёд ва дар ар нишасти матбуотӣ арафаи соли таҳсили нав ба намояндагони рӯзномаҳои истифода супорида мешавад. “Насими Исфара”, “Хазинаи Ҳамоиши “Илм, таълим маърифат”, “Имрӯз”, “Навиди ва истеҳсолот” бо ҷалби донишгоҳ”, “Телевизони Исфара”, мутахассисони варзидаи “Радиои Исфара” ва МД “ТВ Сафина” соҳаҳои мухталифи хоҷагии дар шаҳри Исфара ҳузур доштанд. халқи шаҳр, аз ҷумла хизмати Ба рӯзноманигорон маълумоти давлатӣ, маориф, ҳифзи фишурда дар бораи фаъолияти ҳуқуқ, саноат, хизматрасонӣ ва таълимгоҳ дар нимсолаи аввали кишоварзӣ баргузор мегардад, соли 2022 (пресс-релиз) таҳия ва ки ба баланд гардидани сатҳи пешниҳод гардид. касбии омӯзгорон ва сатҳи дониши Холиқзода Музаффар Ғафур ба донишҷӯён кумак хоҳад расонид. намояндагони ахбори умум барои Ба дарёфт ва ҷалби омӯзгорони ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамар фанҳои табиатшиносию дақиқ, миннатдорӣ изҳор карда, онҳоро таърих, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла мушаххасан оид ба дастовардҳои русӣ, тарбияи ҷисмонӣ ба раванди нимсолаи аввали соли 2022 ва таълим ва ҷорӣ кардани низоми нақшаҳои минбаъда ошно сохт. сиклию дуалии таълим тадбирҳои Аз ҷумла афзуд, ки имсол ба амалӣ андешида мешавад. таъсиси мактаби олӣ дар Исфара Боз бештар ба тақвияти тарбияи даҳ сол пур шуд ва ба ин муносибат ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тадбирҳои зиёде, аз ҷумла форуми ба хизмати Ватан омода кардани дуюми хатмкардагон, конференсияи ҷавонон, ташкили маҳфилҳои байналмилалӣ гузаронида шуда, шашкабозону шоҳмотбозон ва ҳарчи маҷаллаи махсус таҳия ва чоп гардид. бештар ҷалб кардани насли ҷавон Аз соли таҳсили нав 28 ихтисоси бозиҳои зеҳнии варзишӣ эътибори зинаи бакалавр, 3 ихтисоси ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. магистратура ҷорӣ мешавад, ки то М. Холиқзода ба саволҳои имрӯз дар асоси натиҷаи имтиҳоноти хабарнигорони васоити ахбори
Д
умум доир ба ҳамкории таълимгоҳ бо қисмҳои ҳарбие, ки донишҷӯён хизмат мекунанд ва раванди таҳсили онҳо, қабули духтарони маҳаллӣ ба таълимгоҳ бидуни ММТ, ҷалби донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя, бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар назди муассисаи таълимӣ, ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва монанди инҳо посухҳои қаноаткунанда дод. Таъкид гардид, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо баҳри вусъату тавсиаи дастовардҳо, такмили ҷараёни таълиму тарбия, тақвияти корҳои илмӣ боз ҳам бештару самаровартар сафарбар намояд.
Тобистони хуррами бачаҳо
Вақте бачаҳо ба лагер мераванд
кӯдакон ва наврасон дар соли 2022” ва қарорҳои марбутаи раиси вилоят аз 13.05.2022, №208, раиси шаҳр 24.05.2022, №262 ва фармоиши сардори Раёсати маорифи шаҳр ба тасвиб расида, мавриди иҷроиш қарор дода шуд. Соли равон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Гагарин”-и Раёсати маориф 50 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 15 нафарашон духтар, 2 нафарашон ятим ва 15 нафар аз оилаҳои камбизоат буданд. 18 нафар кӯдакони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб бо мадади саховатмандон ба урдугоҳи истироҳатии “Шоҳин” ва бо саъйи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр 40 нафар кӯдакон ба урдугоҳи истироҳатии “Солимгардонии Суғд” ҷалб карда шуданд.
45 нафар ба урдугоҳи истироҳатии “Уқобча”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сафарбар гардиданд ва дар назар аст, боз 6 нафар кӯдакони ятими кулл ройгон ба басти 6-и ин урдугоҳ равона гарданд. Мувофиқи фармоиши сардори Раёсати маорифи шаҳр “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022” дар 62 муассисаҳои таълимие, ки дорои шароити хуб ва ошхонаҳои ҷавобгӯй ба стандарти давлатӣ мебошанд, фароғатгоҳҳои солимгардонии рӯзона ташкил карда шуд. Ба ин фароғатгоҳҳо 3000 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷалб карда шуданд. Дар урдугоҳҳои наздимактабӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ машғулиятҳои иловагӣ, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,
“Ровии беҳтарин”, “Луғатдони беҳтарин” ва мусобиқаҳои варзиширо ташкил намудаанд. Инчунин истироҳаткунандагон ба тамошои осорхонаи шаҳрӣ рафта, бо таърихи шаҳри бостониашон ошно мешаванд. Зайнура Ҳасанова ба ҳамаи гуфтаҳои боло илова намуд, ки аслан урдугоҳҳои наздимактабӣ ба он хотир ташкил карда мешаванд, ки урдугоҳҳои беруназмактабӣ хеле камшуморанд ва имкони фарогирии аксари мактаббачаҳоро надоранд ва мо урдугоҳҳои наздимактабиро танҳо дар мактабҳо таъсис додем, ки дорои шароити зарурӣ мебошанд. Яъне дар он муассисаҳои имкони фароҳамории ҷои хобу се маҳал таомхӯрӣ мавҷуд бошад. Сардори урдугоҳи тобистонаи беруназшаҳрии назди Раёсати маорифи шаҳр - “Гагарин” Мадина Гиясидинова дар навбати худ изҳор дошт, ки аслан имсол ташрифи хонандагони зиёдро барои истироҳат дар ин мавзеи хушбодуҳаво ба нақша гирифта буданд, аммо бинобар аксаран ба корҳои хоҷагии оилавӣ ҷалб гардидани кӯдакону наврасон ҳузури онҳо дар "Гагарин" нисбатан камтар буд. Падари яке аз истироҳаткунандагон Шавкат Бобоев иброз дошт, ки аксарияти падару модарон орзу мекунанд, ки бо анҷом ёфтани соли таҳсил ва фарорасии мавсими гармо фарзандашонро ба урдугоҳҳои
фароғатӣ фиристанд. Шароити хуби истироҳативу фароғатӣ, ташкили бозиҳои гуногун, баргузории маҳфилҳои ҳунарӣ, намоиши барномаҳои консертӣ, вохўрӣ бо адибону шоирон ва дигар шахсиятҳои маъруф, саёҳат ба мавзеъҳои таърихии кишвар имконият медиҳад, ки толибилмон давраи таътилро ба хушӣ гузаронанд ва ба соли таҳсили нав бо руҳияи тоза омодагӣ бинанд. Агар мо дар бораи он чизе бигӯем, ки барои кӯдак дар тобистон беҳтар аст: истироҳат ё таҳсил, пас ман бешубҳа ҷонибдори истироҳат ҳастам. Ҷонибдори истироҳати босифат! Хусусан вақте ки сухан дар бораи кӯдакони синфҳои ибтидоӣ меравад. Истироҳати хуб пеш аз ҳама барои солимии ҷисмониву равонии кӯдак муҳим аст. Ва изофабори мағзи сар дар ин синну сол оқибатҳои ногувор ва бебозгашт дорад. Таътили тобистонаи кӯдак чӣ гуна хоҳад буд, бевосита ба таҳсили минбаъдаи ӯ таъсир мерасонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки кӯдакону наврасон комилан омӯзишро тарк кунанд. Чанд ҳафта пеш аз оғози соли нави таҳсил, хуб мебуд донишҳои қаблан ҳосилшударо кӯдакону наврасон бори дигар такрор кунанд, то аз гузариши якбора аз истироҳати фаъол ба ҷадвали афзояндаи мактабӣ пешгирӣ карда шавад. Албатта, таътили тобистона барои хондани на танҳо адабиёти тавсияшудаи мактаб, балки китобҳои бадеӣ фурсати хубест. Зеро таассуроти аҷиб ва муфиде дорад. Ф.САЙИДОВ.
3
"Насими ИСФАРА"
“Санадҳои зоднома ва сипас шиноснома чун мадраки рақами як барои инсон – баробари он ки бо такя ба расмиятҳои қонунӣ ва ҷавобгӯ ба талаби кишвар таҳия мешаванд, онҳо муаммо низ меангезанд, перомуни онҳо бархе қонунҳои нонавишта ҳам нуҳуфтаанд. Ин санад, албатта, баёнгари аввалини асолат ва тозагии ному насаб бояд бошад. Аммо, ин гуна номаи аснод инсонҳоро чӣ қадар баробари бозгӯи исботи меҳвари инсонияшон ба муаммоҳои гӯшношунид ғӯтавар ҳам кардааст. Санадҳои зодномаӣ инсонҳоро ба чӣ қадар кам шудану ғам хӯрданҳо овардааст, ҳар нафаре, ки ба ин муаммо рӯ ба рӯ шудааст, инро медонад. Чаро ки сад дар сади муаммои гирумони инсон бо ному насаб дар санади зоднома ва шиноснома иртиботи танготанг доранд: дар асоси ин аснод даҳҳо санади дигар падид меоянд. Дурустиву нодурустии асноди аввалия бар санадҳои дигарӣ ва ҳатто меросбарӣ низ муассир хоҳанд буд. Ҳама медонанд, борҳо шуда, ки ба як ҳарф нафаре аз бисёр чиз мондааст... Чанде пеш ба шуъбаи шиносномадиҳии Исфара рафта, ариза додем, ки шиносномаи ҳамсарамро аз АЪЗАМОВА ба АЗАМОВА табдил диҳанд ва шиносномаи нав, баробари ин шиносномаи хориҷиро аз рӯйи он тайёр намоянд. Яъне лозим омад, ки аз баҳри чандин сомонӣ баромада, на танҳо қазияи шиносномаро ҳал кунем, балки бори дигар аз баҳри ҳарфи айни (ъ)-и таърихӣ аз насаби АЪЗАМОВ бароем, яъне онро аз ҷойи муносибаш бардорем. Ин ҳамон ҳарфи таърихии ъайн (Ъ) аст, ки дар дастурҳои муосир аломати сакта ном гирифтааст. Ин корро бори чандум аст, ки мекунем: барои кадом қонунҳо шуда, ҳарфи ъайн ва ё “сакта”-ро аз номамон мегирем... Пеш аз ин чандон ба худ намегирифтам, аммо акнун хуб ин эҳсосамро мерезам, ки ин ҳарф моро як умр саргардон карда, умре дар ғами иштибоҳи он ба азоб рӯ ба рӯ шуда, аз баҳри "сакта" баромада, фақат шукр сактаи дил ё майнаи сар нашуда мондему халос. Дар тасвири ман қазияи "САКТА" ДАР НАСАБ – гӯё як навъ САКТАИ ДИЛ ё МАЙНА барои инсони гирифтори ин беморӣ метобад. Шояд барои ҳеҷ кас, аммо маҳз
3 август соли 2022
№ 29 (9444)
То он даме, ки одамӣ дорад талоши адл, Инсофи ман, адолати ман кор мекунад.
"Сакта"-и саргардон ва саргардонии А(Ъ)ЗАМЗОД барои ҳарфи ъайн (Ъ)
барои ман барин филолог ва қаламкаш таҳаммули ин ҳодиса хеле-хеле душвор аст: чаро ки муаммои "сакта" дар насаби ман баробари дарки САКТА ДАР ШЕЪР нораво будааст. Як умр бо сактаи шеър сарукор дошта, бо дарки сактаи шеър завқи шеърро бидуни сакта дар дилу рӯҳам парваронида ва аммо насаби худам ба сакта рӯ ба рӯ буд, муаммои сактаи насаби худамро як умр ҳал карда натавонистам ва чунон ки устод Лоиқ аз таъсири ҳаводиси айём “сакта дар дил, сакта дар шеъри равонам” монда, мегӯянд, банда низ маҳз аз ин ҳол “сакта дар нақди равонам мондаам”... Таърихаш бояд хеле тааҷҷубовар бошад: фикр мекунам, аҷаб не ҳанӯз беш аз сад сол ин саргардонӣ дар масири хонаводагӣ оғоз шуда ва ин иштибоҳи ҳангуфт аз санадҳои расмии бобоямон ОБИДОВ АЪЗАМ (солзод 1918) ба “расмият” даромадааст. Бешубҳа, аввалин харобкор ва харобиовари номи бобоям амал ва низоми паспортдиҳии русӣ буд, ки номи бузургашон АЪЗАМ дар мадракашон ба гунаи бемаънии АЗАМ омадааст. Бубинед, бидуни
зодномаву шиносномаҳои хонаводагиамон – ҳам дар бахши русӣ ва ҳам бахши тоҷикӣ – ҳамин ғалати қабеҳ рафта, вале вақте ки соли 2000-ум бори аввал ба ману ҳамсарам аввалин шиносномаи тоҷикӣ доданд, маъмурон барғалат қисмати тоҷикии онро АЪЗАМОВ//АЪЗАМОВА навишта доданд. Аз назари дарки асолат дуруст буд корашон, аммо аз диди анъанаи шиносномадиҳӣ ин ҳам пурғалат буд, барои он ки дугунагӣ дар бисёр асноди дигар ба вуҷуд меовард. Дар асл барои дуруст кардани ном бояд ранҷу маблағи зиёд сарф шавад. Мо он замони мушкили иҷтимоӣ, аз эҳсоси ҷавонӣ гӯё хурсанд шудем, ки ба ғалат ҳам бошад, ба тарафи тоҷикии шиносномаамон ъайн пайдо шуд, асолат дар номамон барқарор шуд. Он вақт аз куҷо ҳарфи ъайн асолати хонаводагӣ медонистем, ки лоақал барои чӣ гуна ба хонаи момояш ба бист мушкил эҷод мешавад ва ин сайру сафар рафтааст. Беъайнӣ қазия сари моро боз дард хоҳад номи хонаводагиро чӣ гуна рӯ кунонид. Он вақт хурсандии мани ба беасолатӣ бурдааст. Ҳамин филологро шояд намедонистед, натиҷаи сардаргуми он замона (“процесс русификации” ё ки гӯё дурустии насабамро нигилизм ё ягон изм-измҳои дарёфт будам. То ин замон ҳама дигар) буд, ки насаби падарам эрод мегирифтанд, ту АЪЗАМОВ ҳам ба гунаи гӯшхароши АЗАМОВ ё АЗАМОВ? Модаркалон ба масъалаи ҳуҷҷат бисёр нозук сабт шуда буд. Шояд барои падарам, ки рафтор мекарданд, дар куҷое парвардаи мактабҳои русӣ ва номамро Аъзамов нависанд, низоми таҳсили русӣ буданд, он рафта аз гиребонаш гирифта, дар вақтҳо ин нукта муҳим натофта, сараш онро дуруст мекарданд... Аз миёнаҳои солҳои 90-уми чунон ки имрӯз барои ман менамояд. Аммо ин эҳсосашон садаи гузашта дар матбуот ва бисёр ҷолиб буд, ки борҳо изҳор интишорот ному насабамро ба доштаанд: "Ба ман писанд буд гунаи СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД насабам дар шиноснома бо номи навиштаму бо ҳамин гӯё он қазия падарам – ОБИДОВ БАҲРОМ андак рӯйпӯш монд. Ин ному насаб бештар сари забонҳо қарор шавад". ёфт. Аммо дар аснод Аъзамзод Ба гуфтаи он кас хеле хуш ба гӯш менишаст! Албатта, он замон набудам... Акнун муаммои шиносномаҳои ман инро ба падар намегуфтам, фарзандон баъди бист соли аммо имрӯз иқрор мешавам, ки аз ин сарбагумии АЪЗАМ АЪЗАМОВ шудан тақозо дорад, ва АЗАМ беҳтар мебуд падар ки бори дигар аз баҳри ъайн ОБИДОВ БАҲРОМ шаванду ба ин бароем. Барои чӣ аз баҳри он равиш қазияи "сакта" моро дигар бароем? Барои он ки дар ҳама ҷо домангир накунад. Он гоҳ АЪЗАМ шиносномаи қаблӣ дар ин маврид намонем ҳам, лоақал ОБИД будан арзиши асосӣ, бунёдӣ доранд ва маҳзан бояд ба он такя шавад. чӣ басо писандида мебуд... Аз ин назар дар тамомии Бубинед, эҳсоси баста будани роҳи дуруст кардани насаби
Бояд Ватанро ҳамеша ҳифз кард! ҳушёру зирак бошем, алайҳи онҳое, ки мехоҳанд дар ҷомеа фитнаву фасод кунанд мубориза барем. Ба хусус ба ТЭТ ҲНИ ва думравони он, ки мехоҳанд бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои гуногун ар замони муосир ҳифзи тағйир диҳанду бародарро алайҳи бори дигар Тоҷикистонро ноором Ватан натанҳо дар хатти бародар шӯронанд, фитнаангезӣ кунанд, ҳарфи гуфтание дошта сарҳадӣ ба миён меояд, балки кунанд. Мисоли равшани ин бошем. Нагузорем, ки нохалафе ҳифзи Ватан, арзишҳои он дар ҳодисаҳо дар Бадахшон намоён ваҳдати моро хатчадор кунад. паҳнои интернет низ барои ҳар як гардид ва душманони миллат Зеро дӯстдории Ватан муқаддас шахси меҳанпарвар муқаддас аст, бо дасти хоҷагони худ бо буда, вазифаи мо муҳофизат хосса алайҳи онҳое, ки дар паси истифода аз гумроҳони дохилӣ кардани сарҳади он дар замин экранҳои компютерҳо нишаста, бо хостанд ба оромии Тоҷикистони ва ғояҳои созандаи он дар олами зер кардани тугмаҳои компютер азиз латма ворид кунанд. маҷозӣ аз таҷовузгарон мебошад. нисбат ба миллату давлати тоҷик Хушбахтона мақомоти ҳифзи Ватанро дӯст доштан ин халқи бадгӯйиҳо мекунанд, ба ҳар роҳу ҳуқуқ ва фарзандони далери худро дӯст доштан ва ба таърихи восита мехоҳанд дар ҷомеа тухми диёр тавонистанд дар кӯтоҳтарин он эҳтиром гузоштан мебошад. нифоқ коранд. Агар душман фурсат бадандешонро ошкор ва Ватанро интихоб намекунанд, дар марз бо истифода аз яроқ амалҳои ҷиноятпешаи онҳоро балки барои ояндаи вай, оромиву нияти ноором кардани ҷомеаро пешгирӣ созанд. тараққиёташ масъулият ҳис дошта бошад, пас бадандешон Ин ҳодисаҳо бори дигар моро мекунанд. Ҳар яки мо ҳамон вақт мехоҳанд мафкураи ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки бештар чӣ будани рисолати худро дарк
Ватанро ба ҷуз мо каси дигаре обод нахоҳад кард. Зеро дар ин сарзамин мо зиндагӣ менамоем ва ҳифзи марзу буми он қарзи ҷонии ҳар яки мост.
Д
менамоем, агар бо халқи худ ва Ватани худ якҷоя бошему барои пешрафти он кору фаъолият барем. Чӣ қадар ҷаҳони ботинии мо ғанӣ бошад, ҳамон қадар мо Ватани худро дӯст медорем. Зеро танҳо одами маънавиёти бойдошта дарк менамояд, ки соҳибватан будан соҳибдавлатист. Зеро кам нестанд, қавму халқиятҳое, ки Ватан надоранд. Асрҳо барои соҳиби Ватан шудану ҳимояи забону анъанаҳои миллӣ талош менамоянд. Муҳимтар аз ҳама Ватанро бояд беғараз, аз таҳти дил ва бо покӣ дӯстдор буд. Муҳаббати мо ба Ватан набояд олудаи ғараз бошаду побанди манфиатҷӯйӣ гардад. Бояд дарк намоем, ки Ватанро ба ҷуз аз мо каси дигар обод намекунад. Зану фарзанд, падару модар ва тифлони
АЪЗАМӢ боқист, яъне ин ҳамон дарди садсола. Ин хеле аҷиб аст, ки ман нав дар шиноснома ному насабамро қонунан тоҷикӣ карданиям. Шояд гунаи АЪЗАМЗОД СУБҲОНИ БАҲРОМ гирам. Лекин дар он сурат агар ъайн бароварда шавад, оё боз АЗАМЗОД хоҳам монд? Инаш дардовартар аст. Барои асолат солҳо дар набард истода, боз худам насабвайрон мемонам?! Дар ин ҳол вой бар мани филологу қаламкаш, ки ҳоло ҳам насабам нодуруст аст... Як мақомдори аршади шиносномадиҳӣ ба хушӣ ҳушдорам дод, ки дар асл мо равишнодонем ва худи тоҷикон наметавонанд аз баҳри ҳалли ин муаммо дар ҳар ҷо бароянд. Масалан, дар Россия барои он ба ин қазия сахт дармеафтанд, ки моҳияти дар тоҷикӣ будани ин ҳарфро дарк намекунанд. Барои ин як адвокати бисёр матин даркор аст, ки ба онҳо фаҳмонад, ки "Это не проблема, у таджиков без сектов не бывает, это явление без сомнений", аммо ба сабаби қонуннодонӣ ё забонноёбӣ, адами дарки ҳифзи манофеъ ва асолати миллии худӣ, равишнодонӣ, ҳарфи Россияро қонун донистан ва ғайраву ҳоказо мардум ба чунин азобу уқубат, мушкил ва маҳрумият аз бисёр чизҳо рӯёрӯянд… Пас, бояд фаҳмонд, то ин ки фаҳманд! Инро ман ҳам хуб фаҳмидаму ба дилам хуб равшанӣ афтид. Хушнуд шудам! Шояд ин матлаб ба дигарон ҳам кумак кунад, то дар ҳалли бархе муаммо аз он баҳра ҷӯянд. Ё шояд ҳоло ҳам ин андешаҳо аз он дарак доранд, ки худам бисёр чизҳоро ҳоло нафаҳмам. Ба ҳар ҳол барои андеша матлаби хеле муҳим аст!... Худо кунад, ки ҳарфи таърихии ъайн дар насаби АЪЗАМЗОД устувор боқӣ бимонад!... Субҳони АЪЗАМЗОД.
маъсуми гаҳвораро ба ҷуз мо каси дигар ҳимоят нахоҳад кард. Зеро онҳо барои мо муқаддас ҳастанд. Аҳли байти мо дар назди мо арзиш доранд. Хотири ҷамъи онҳо барои мо муҳим аст. Бори дигар таъкидан изҳор кардан зарур аст, ки гирифтани пеши роҳи нафароне, ки мехоҳанд фазои ороми Тоҷикистонро халалдор созанду дар ҷомеа тухми нифоқу ғаму андӯҳ коранд, кори ҷонии ҳар як сокини кишвар мебошад. Пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои харобкор ва ҷангҷӯй, паҳншавии таълимоти ифротгаро ва хусусияти террористиву экстремистидошта танҳо дар ҳамҷоягӣ ба даст меояд. Бефарқӣ ва бетафовутӣ дар ин масъала баробари хокпошӣ ба чашми халқ, хиёнат ба давлату миллат буда, сӯхтани ояндаи фарзандону пайвандон аст. А.ШАРИФОВ.
4
"Насими ИСФАРА"
3 августи соли 2022
Минбари ҳуқуқшинос
Зӯроварӣ ҷавобгарӣ дорад Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 20142023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ки 19 марти соли 2013 қабул ва то имрӯз амал карда истодааст, аз 4 боб ва 26 модда иборат буда, мақсад, мафҳум ва аломатҳои зӯроварӣ дар оила, ваколату вазифаҳои мақомотҳои дахлдорро муқарар ва ба танзим даровардааст. Зӯроварӣ кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Дар бисёр маврид занону духтарон дучори зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳад, ки дар сурати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор бо фоҷеа
анҷом ёбад. Зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он ки оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад. Ин нукта дар боби 1-уми «Кодекси оила»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад». Моддаҳои 931 ва 932 КҲМ ҶТ ҷавобгарии маъмуриро оид ба зӯроварӣ дар оила пешбинӣ намудааст. Ҳарчанд ин шумора парвандаҳо дар қиёс ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳо камтар ба назар расад ҳам, аммо вақтҳои охир шикояти аъзоёни оила дар ин самт ба назар расида истодааст. Боб ва моддаҳои дахлдори қисми махсуси КҶ ҶТ (м. 110, 111, 112, 116, 117, 120 ва ғайра) ҷавобгарии ҷиноятиро низ вобаста ба зӯроварӣ дар оила пешбинӣ кардааст. Онҳое, ки ба зӯроварӣ дар оила дучор мегарданд, метавонанд ба мутахассисони марказҳои бӯҳронӣ, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаи кор бо занон муроҷиат намуда, ҳаёти худу фарзандонро тағйир дода, зиндагиро беҳ созанд. Ш.МУЗАФФАРОВА, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Исфара. Х.ДОДОХОНЗОДА, нотариуси давлатии шаҳри Исфара.
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
№ 29 (9444)
Зиндагӣ ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам, Ман туро чун сарнавишти хеш дигар мекунам.
Агар фарде зиёд механдад, дар дохил танҳо аст. *** Агар зиёд мехобад, нороҳат аст. *** *** Агар баланд гап мезанад, Агар чизҳои содда ӯро Агар кам гап мезанад, дар мехоҳад шунида шавад. нороҳат мекунад, ба муҳаббат дарун чизеро пинҳон нигоҳ *** медорад. Агар зиёд мехӯрад, дар ниёз дорад. *** асабонӣ қарор дорад.
6 сирри равоншиносӣ
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара мувофиқи варақаи иҷроиши №3-103 аз 2-юми апрели соли 2021 оид ба рӯёнидани маблағи қарз ба андозаи 21244 сомонӣ ва дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз 2-юми апрели соли 2021 аз ҳисоби Орипов Муҳаммад Алибоевич, Орипов Алибой ва Ҳамроев Абдурашид Шарофбоевич ба фоидаи ФҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муқаррар шудааст аз ҳисоби амволи ба гарав гузошта шуда, дарахтони бисёрсола ва иншооте, ки дар мавзеи канали 50-солагии шаҳри Исфара ҷойгир шудааст, аз тарафи иҷрочиёни Хадамоти
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №011717, ки МТМУ №6 солҳои таҳсили 1982-1983 ба Шахобиддинова Махурат Имомидиновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №059820, ки МТМУ №14 солҳои таҳсили
Диққат, музояда иҷро дар шаҳри Исфара барои ба фурӯш баровардан ба ҳабс гирифта шудааст, бо нархи ибтидоии 40000 доллари ИМА ба музоядаи такрории оммавӣ мегузоранд. Санаи баргузории музояда: 3.09.2022 соати 10:00. Ҷойи баргузорӣ: шаҳри Исфара, мавзеи канали 50-солагии Октябр. Шахсони дар музояда 1991-1992 ба Қаландарова Зарина Анваровна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №206293, ки МТМУ №12 солҳои таҳсили 1992-1993 ба Ғаффорова Муҳаббат Абдурасуловна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №164524, ки МТМУ №13 солҳои таҳсили 1987-1988 ба Саидқулова
Диққат: озмун Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара озмунро оид ба иҷора додани амволи давлатии зерин эълон менамояд. Маҳалли баргузории озмун: шаҳри Исфара, ошёнаи 1-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ №20. Вақти баргузорӣ: 25 августи соли 2022, соати 14-00. Қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Андозаи кафолатпулӣ барои
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 640 (шашсаду чил) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ; - барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият; - лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 2. 08. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
иштирок менамуда 3 рӯз пеш аз оғози музояда панҷ фоиз аз маблағи ибтидоии амвол ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар “Амонатбонк”-и шаҳри Исфара мавҷуд мебошад, супорида, бо расид оиди пардохти маблағ метавонанд дар музояда иштирок намоянд. Маълумоти иловагиро аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара дар бинои “Маркази адлия” гирифта метавонед. ИҶРОЧИЁНИ ХАДАМОТИ ИҶРО ДАР ШАҲРИ ИСФАРА. Муқадасхон Абдумаҷидовна додааст. *** Шиносномаи миллии силсилаи А №01419244, ки ШВКД-2-и шаҳри Исфара ба Зиёев Ильҳом Мусоевич додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №204355, ки МТМУ №55 солҳои таҳсили 1988-1989 ба Азизов Ҳаётҷон Абдунасимович додааст. объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи объекти иҷора гузошта шудааст; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ. Ғолиби озмун дар давоми 5 рӯзи бонкӣ пас аз ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби иҷорадиҳанда ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби дахлдор пардохт менамояд, ки ин маблағҳо ба арзиши объекти иҷора дохил намешавад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 2-77-47, 2-14-96, 98-898-21-21 гирифта метавонед.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________