Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 19 (9348) *** Чоршанбе, 10. 06. 2020
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Бояд хок хӯрему хок надиҳем! Моҳи май барои минтақаҳои наздисарҳадии Чоркӯҳу Ворух ба қавле “моҳи доғ” буд. Аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ ва беҷазо мондани ашхоси иғвобарангез чанд тан аз тири ҷониби Қирғизистон ярадор шуданд. Аламовараш он аст, ки ярадоршудагон ягон иртиботе ба муноқишаҳо надоштанд ва шаҳрвандони қатории Тоҷикистон буданд. Албатта боварӣ дорем, ки дер ё зуд амалҳои ҷинояткорона баҳои ҳуқуқии худро мегиранд, аммо...
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН А Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: - барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд; - нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад; - аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад; - то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сироятии СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд; - то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад; - аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд; - аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд; - аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз
фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд; - аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд; - аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд; - аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд; - аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд; - фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд; - бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд; - нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд; - аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд; - то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад; - барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд; барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд; - ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд
набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд; - то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд. 2. Бонки миллии Тоҷикистон: - ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форсмажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд; - якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд; - мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд; - ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад; дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд; - якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд. 3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ш. Душанбе, 5 июни соли 2020, №1544.
слан мо то ҳадде дар шинохти воқеият фориғбол шудаем, ки аз он ҳамсоягони кӯчии мо хуб истифода бурда, ба мавзеъҳои мо ҳамчун моли очакалонашон исми худашонро гузоштанд. Дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аъло назди пули болои дарёи Исфара овезаи «АК-суу» (с.2016) насб карданд.Номи дарёи Исфараро тағйир доданд. Мо хомӯшона қабул кардем, ё хомӯшона розӣ шудем. Дар ҳамин деҳа канали Мастчоҳиро бо номи «Ак -татир» иваз карданд, рӯди бузурги Сафедро «Қаирма» ном карданд ва (МУТААССИФОНА!!!) ҷӯйи Сафед номи «Қаирма»-ро гирифт. Дар ҷамоати деҳоти Ворух маҳаллаи зебое номи «Қишлоқро» дошт. Деҳаи Наймани ҷамоати деҳоти Сурх шукр, ки имрӯз Сароб номгузорӣ шуд. Бино ба гуфти Абдухалил Шарифов солҳои дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ фаъолият бурданаш раиси ҳамонвақтаи ҷамоати Ак-татири ноҳияи Бодкон Иметов Максат, ки зодаи деҳаи Равоти (қавми найманҳои қирғиз ин ҷо сукунат ихтиёр кардаанд) ҷамоати Ак-татир буд, ҳамеша таъкид мекардааст: «Миллати қирғиз ба ҳашт қавм тақсим мешавад ва бузургтаринаш қавми Найман аст, Наймани Сурх ин Наймани мост!» Ин даъво сода намояд ҳам, дар асл пайомадҳои баде дошта метавонад.
Қишлоқро ба деҳа табдил бояд дод!
Т
абиати афсонавии Чорқишлоқ касро тасхир мекунад. Хонандаи закӣ бояд донад, ки деҳаи Чорқишлоқ таърихи ҳазорсолаҳо дошта, вақти ковишҳои бостонӣ мегӯянд, ки дандони наҳанги даврони Нӯҳ (насрониҳо Ной ном мебаранд) ба даст омадааст. Боре меҳмоне аз пойтахти кишварамон омада, деҳаи ғарқи гули зардолуро диду гуфт: «Шояд як гӯшаи биҳишт ин ҷо бошад, зебогии ин мавзеъро марди мусофир дарк мекунад, аммо афсӯс номи деҳа хушоянд нест, мардум маънии онро дарк намекунанд.» Эроди меҳмон қобили қабул аст ва касро ба андеша водор мекунад. Дар забони тоҷикӣ калимаи «қишлоқ» хеле истифодаи васеъ дошта, ин вожа дар забони мо устувор шудааст. Биёед ба мазмуни ин калима диққат диҳем. Аз фарҳанги забони тоҷикӣ онро ҷӯстан нашояд, зеро ин калима хоси забони мо нест, он туркист. Калимаи «қишлоқ» маънои қиш-зимистон, лок,айлок-макони зист, яъне макони муваққатии зисти мардуми кӯчӣ аст. Яъне бошишгоҳи муваққатии зимистонаи мардуми кӯчӣ ё саҳроӣ мебошад. Оё гузаштагони миллати мо саҳроӣ буданд? Ё чорводори саҳронишин буданду макони доимии зист надоштанд? Албатта НЕ! Макони мардуми ТОҶИК -мардуми бумӣ, шаҳрсоз, созанда, бунёдкор буданду ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ гиёҳи кӯҳӣ хӯроку полони маркаб бистари хоб нагаштааст. Саразми панҷунимҳазорсоларо ба хотир биёред... Мутаассифона, ба “қишлоқ” ин калимаи тамоман ба мо бегона он қадар часпидем, ки шоирон дар ашъорашон, сиёсатмадорон аз забонашон доим садо медоду медиҳад. Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ намояндаи Маҷлиси деҳотро «Депутати совети қишлоқ» ном мегирифтанд. Нишони сарисинагиро бо ин навиштаҷот намояндаи мардумӣ бофахр меовехт. Бубинед, ягон вожаи ин ибора тоҷикӣ нест!!! Устоди шеър Мирсаид Миршакар достони машҳури худро «Қишлоқи тиллоӣ» номгузорӣ намуданд, ки кӯдакон ва ҷавонони мо бо вожаи «қишлоқ» овони кӯдаки ошноӣ пайдо мекунанд. Шоири шинохта ва зиндаёд Бозор Собир васфи деҳаашро мекунад ва дар шеъраш мегӯяд: «Қишлокаки ман бӯйи чаппотӣ дорад.» Ё овозхони зиндаёд Аҳмад Зоҳир дар суруди машҳури «Лайлиҷон» месарояд: «…Сӯйи қишлоқ наомадӣ вой-вой, дилама кардӣ вайрон...» Дар филмҳои халқи рус деҳаҳои тоҷикнишинро ҳатман «Кишлак» мегӯянд. Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода дар шеъри машҳурашон «Модарам» месароянд: Дӯст дорам модарам бо ёди ту, қишлоқро, Ҳамчунин қишлоқиёни дар муҳаббат покро. Аҷоиботи дигар он аст, ки худи калимаи қишлоқро мардуми турктабори кӯчӣ хеле кам истифода мекунанд. Мардуми қирғиз «аыл» мегӯянд. Мо бошем макони зистро «қишлоқ» мегӯем, ҳоло он ки вожаҳои зебои «деҳа» ва «русто» дар таркиби забони мо ҳаст. Барои мо ҳамоно муаммо боқӣ мемонад, чаро мо калимаҳои ночаспон, бегонаи туркӣ-муғулӣ ва дар истифода ғалати қишлоқ, оча, ота, ака, апа, тағо, келинд, қудо, янга, язна, ҷиян, қайни, қайсингил, қайнато ва ғайраҳоро он қадар ба забон муҳр кардем, ки гӯё роҳи халосӣ нест. (Забони адабии муосири тоҷик, Душанбе. 2007) Забони тоҷикӣ дар дунё яке аз забонҳои зебо, забони илм, маърифат, муоширати байни миллатҳо, забони биҳишт шинохта шудааст...
Тоҷик аз байн меравад?!
Н
а ҳама медонанд, ки дар таркиби китоби осмонӣ Қуръон 16 калимаи форсӣ-тоҷикист. Оё ин фахри мо нест? Ҳамчунин эътироф бояд кард, ки камбудиҳои забон аз фориғболии худи мо сар мезанад. Ба сафҳаҳои таърих назар андозем, мебинем, ки бо амри тақдир ва муросокории соҳибони забон калимаи «тоҷик» дар Эрони бузург, Афғонистони ҷангзада, Ӯзбекистон, Қирғизистон бо роҳи сунъӣ аз байн бардошта шуд. Фирдавсӣ тоҷик буд, эрониҳо эътироф мекунанд. Ҷалолиддини Балхӣ Ҷалолиддини Румӣ шуд. Даҳ миллион тоҷики Афғонистонро бо номи «афғон» ном мегиранд ва ғайра. Боре андешем, ки чаро даҳҳо миллион тоҷикони бурунмарзии мо имрӯз забонгумкардаанд, чаро!? Куҷо мо хато кардем? Иштибоҳи мо дар куҷо буд, аз куҷо сар зад? Куҷо буданд ҳомиёни миллат ва масъулон? Агар иштибоҳро миллат надонад, оянда сохта намешавад. Сари ин масъала бояд ҶИДДАН АНДЕШИД. Кош ҳама ба мисли ҳамон зан ҳисси баланди ватанпарастӣ медоштем, ки ба тифли хеш дар ҳузури Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «ХОК МЕХӮРЕМУ ХОК НАМЕДИҲЕМ!» А.ШАРИФОВ.