Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 14 (9245) *** Чоршанбе, 11. 04. 2018
ИСФАРА
Ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад. Эмомалӣ РАҲМОН.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳми замин дар хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ, мавҷудияти мушкилот ҷиҳати гирифтани Сертификати истифодабарии замин; - зарурати ҳалли ҳарчи зудтари муаммоҳои марзӣ дар деҳаи наздисарҳадии Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ; - баррасии масъалаи таъмиру мустаҳкамгардонии ҷӯйбор (канал)-и фаромарзӣ, ки мавриди истифодаи тоҷикону қирғизҳо қарор дорад; Маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои - мусоидат барои ба анҷом Мусаллаҳи мамлакат дар шаҳри Исфара муташаккилона расонидани корҳои бунёдӣ дар оғоз ёфт. варзишгоҳи деҳа ва зарурати сохтмони варзишгоҳи хурди з 120 нафар даъватшавандагони аз комиссияи тиббӣ гузашта 45 муосир… аз ҷумлаи мушкилоте нафар ботантана баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Артиши буданд, ки сокинон зимни вохӯрию миллии мамлакат фиристода шуданд. мулоқот бо шаҳрдори Исфара Ба ин муносибат дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр дар деҳоти Сурх ва Хоҷаи Аъло ҷамъомади бошукуҳе баргузор гардид. баён доштанд. Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин зимни Иҷрокунандаи вазифаи раиси суханронии худ изҳор дошт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шаҳри Исфара ҳамзамон бо мамлакат натанҳо ӯҳдадории шаҳрвандӣ, балки ҳамчунон қарзи изҳори омодагии хеш ҷиҳати дар фарзандӣ, виҷдониву имонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи ваколату салоҳияти худ вазифаи боифтихори ҳар як ҷавонмарди асили диёр маҳсуб меёбад. баррасӣ ва бартараф намудани Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Ҷамолиддин мушкилоти иҷтимоии мавҷуда Нуриддинов ва модари даъватшаванда аз деҳаи Хонобод Муҳаббат аҳолиро ба ҳамдастию ҳамкории Набиева, сарбози ба тозагӣ хизмати аскариро баитмомрасонида наздик бо мақомоти иҷроия, ба Фаридун Азизов аз деҳаи Чилгазӣ, даъватшаванда аз деҳаи Хонобод ширкати фаъолона дар корҳои Бурҳонхўҷа Баротов суханронӣ намуда, ҳимояи Ватанро қарзи созандагию бунёдкорӣ ва муқаддаси ҳар як ҷавонмард, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро ободонии маҳалли зист даъват мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию намуд. мардонагӣ арзёбӣ намуданд. И. ИЛЁСЗОДА.
Гусели наваскарон
Мушкилоти Исфара кам нест Муаммоҳои гуногуне, ки тайи даҳсолаҳо ба вуҷуд омадаву имрӯз низ пешорӯйи мардум мушкил эҷод мекунанд, дар раванди мулоқотҳои шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо сокинон рӯ мезананд.
- Ба муаммои сарбаста табдил ёфтани масъалаи бунёди мактаб дар маҳаллаи нави аҳолинишини Ҳазорчашмаи деҳоти Сурх; - норасоии ҷойҳои таълимӣ дар мактаби миёнаи №29 ва зарурати бунёди бинои иловагии таълимӣ;
Н/И
- куҳнаю фарсуда ва корношояму хатарзо гардидани симчӯбҳои интиқоли барқ дар маҳалли зисти сокинони деҳоти Сурх; - дастгирии моддию маънавии маъюбон; -нобаробарӣ дар мавриди
А
Ба ифтихори 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ
Устод Айнӣ пуштибони забони тоҷикӣ
Бо хидматҳои бемисли асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ забони тоҷикӣ мақоми худро нигоҳ дошт, рушд ёфт ва аз байн нарафт. Устод Айнӣ дар такомули забон хулоса менамояд, ки то замоне дар ин сарзамин миллате бо номи "тоҷик" ё "тозик" зиндагонӣ мекарду мекунад, забон ва адабиёти ин миллат арзи ҳастӣ дошту дорад. Дар нахустин солҳои аҳди Шӯравӣ бошад, забони тоҷикӣ дар ҷояш карахт монд ва соҳибонаш дар ҳолати маъюсӣ қарор доштанд. Ин вазъро солҳои бистум ва сиюм устод Айнӣ бо таъсис додани рӯзномаи тоҷикии "Бедории тоҷик" ва маҷаллаи "Шуълаи инқилоб"
куллан дигаргун кард. Талош намуд, ки миллат барои худшиносӣ саросар босавод бошад. Барои босавод будани миллат забони зиндаи вай дар мактабу матбуот хидмат бояд мекард. Аммо бо ин кӯшишҳояш Садриддин Айнӣ "душмани синфӣ" эълон шуда, ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Хушбахтона бо дастгирии устод Лоҳутӣ ва Александр Фадеев, ки муовини раиси Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ҳомии забони тоҷикӣ аз нав сафед карда мешавад. Онҳо ба Сталин мерасонанд, ки Айнӣ дар анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ Шарқро бо Ғарб ошно сохтааст, ба муқобили системаи шӯравӣ чизе нанавиштааст. Баъди аз сар гузаронидани ин моҷароҳо нахустмаҷмӯае бо номи "Намунаи адабиёти тоҷик"аз тарафи Садриддин Айнӣ чоп шуд ва ӯ Маскавро бовар кунонида тавонист, ки миллати тоҷик фарҳангу адабиёти бою қадима дорад ва дар Осиёи Миёна чун қавми бузурге арзи ҳастӣ менамояд. Рисолати муҳимеро, ки устод Айнӣ дар таърихи халқи тоҷик иҷро намуд, ин масъалаи забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ мебошад. Ӯ фарқияти байни забони тоҷикӣ ва форсиро намедид, фақат тафриқаро дар лаҳҷаҳои
гуфтугӯии аҳолии Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон) ва Эрон медонист ва ҳамчун забоншиноси ҳирфаӣ ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро боиси бунёду ҳастии забони як қавм намеҳисобид ва ба он ихтилофи назар дошт. Устод Айнӣ дар ҳама баромадҳояш таъкид бар он дошт, ки забонро поку беолоиш аз ҳар гуна калимаҳои бегона ва истифодаи лаҳҷаву шеваҳои маҳал нигоҳ дошт. "Ман шахсан ба кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони форсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва инчунин истифодаи истилоҳҳои илмӣарабиро, ки аз имрӯза форсӣ ё тоҷикӣ ба ҷойи онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараҷа, ки аз забони форсӣ танҳо адот боқӣ монад". Бахусус таъкид ба он дошт, ки забон содда карда шавад, бидуни истифодаи ҷамъкунии қоидаи араб. Устод Айнӣ дар рушди забони тоҷикӣ дар аввалҳои қарни 20 хизматҳои бузург намудааст. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ тарафдори он набуд,ки ҷавонони тоҷик сарбастаи танҳо омӯзиши забони худ бошанд, ӯ ташвиқ менамуд, ки забони русиро низ хуб омӯзанд. Масалан, вақте забондонию ҷаҳонбинии писараш Камол Айниро имтиҳон кард, гуфта
буд: "Бачем, Камолиддин, агар соли 1934 худат тарҷумони ману устод Гуркий мешудӣ, ҳатман вай барои азобҳои кашидаам дар замони амирӣ ва 75 чӯб хӯрданам ашк мерехт". Ё хислатҳои наҷиби ҷавонони пешқадами аморати Бухороро устод дар омӯзиши илму фанни замони худ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ мушоҳида мекард. Масалан, талошу заҳматҳои яке аз ҷавонони пешқадами он замон Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, ки минбаъд бо тахаллуси Гулшанӣ машҳур мегардад,аз тарафи устод Айнӣ чунин қалам дода шудааст: "дар бобати аз худ кардани забони русӣ дар байни толибилмони мадрасаҳои Бухоро нахустин шахс ба шумор мерафт". Албатта дар омӯзиши забони русӣ ба Гулшанӣ алломаи замон Махдум Аҳмади Дониш ҳидоятгар буд. Асарҳои эҷоднамудаи устод Айнӣ ҷавобгӯ ба талаботи ҳама гуна давру замон буданду ҳастанд ва бовар дорам, ки ҳоло ҳам асарҳои устод Айнӣ мазмуну муҳтаво ва ғояашро аз даст надодааст ва намедиҳад. Зеро маҳз бо таълифи асарҳои илмиву адабӣ, ки хазинаи тиллоии адабиёти муосири тоҷик маҳсуб меёбанд, устод забони миллатро ҳифзу ҳиросат намуд. Мушарраф шудани устод Айнӣ ба унвони хеле баланд - Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати хизматҳои бузурги вай дар назди миллат аст. Муҷибахон ҶАВҲАРӢ, устоди бахши исфарагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Марҳабо ба фестивали "Сайри китоб"
Китобхонаи марказии ба номи А.Лоҳутӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш аз 15 апрел то 15 майи соли 2018 дар китобхонаи марказӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» баргузор менамояд. Аз ин рӯ ҳамаи толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳотро даъват менамоем, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳим фаъолона иштирок намоянд. Марҳабо ба фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон». Назирахон ҚОДИРОВА, директори китобхонаҳои марказонидашуда.