Шумораи нави ҳафтаномаи "Озодагон"

Page 1

Ќатли "Бобои Барфї" дар Душанбе чї омил дошт? 

МАКРИ ЊАФТА

04 январи соли 2012, №01 (210)

Соли Нави "Tcell"-у наѓмањояш, "Лови удачи" ва "гўл"- задани муштариён ТАЗОДИ ЊАФТА

Як ќазоќ маоши њафт тољикро мегирад МУШКИЛИ ЊАФТАЊО

Сесолањои беохир МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА

Бехгўшї ба Вазири маориф

20 чењраи таъсиргузори Тољикистон хабаргузории

ozodagon@mail.ru


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

2

ЊАФТ ХАБАРИ ЊАФТА СУПОРИШ

РАЊМОН: БОЯД 10 КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАШМУ ПЎСТ БУНЁД ШАВАД

Дар шањри Душанбе маљлиси навбатии Њукумати Тољикистон тањти раёсати президент Эмомалї Рањмон баргузор гардид. Тавре ба хабаргузории "Озодагон" аз хадамоти матбуотии райисљумњур иттилоъ доданд, дар нишаст нахуст њисоботи вазири энергетика ва саноат доир ба рафти татбиќи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пўст ва пашм) барои давраи то соли 2015, ки 31 декабри соли 2008 тасдиќ гардида буд, шунида шуд. Тавре зикр гардид, соли 2008 корхонањои коркарди пашму пўст дар Тољикистон бо иќтидори њамагї, 0,8% кор мекарданд. Дар натиљаи татбиќи барномаи мазкур, ки њадафи асосии он ба роњ мондани коркарди саноатии пашму пўсти чорво дар дохили кишвар ва муњайё намудани љойњои нави корї аст, як ќатор корхонањои мављудаи соња ба барќарорсозии иќтидорњои истењсолии худ шурўъ намуда, 4 корхонаи нав низ ба кор даромад. Тибќи супориши президент, дар зарфи як соли оянда бояд наздики 10 корхонаи нави коркарди пўсту пашм дар минтаќањои гуногуни кишвар сохта, ба кор дароварда шаванд.

ИЌДОМ

МИРИ ДУШАНБЕ ЉОНИБДОРИ РУШДИ КОММУНИКАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛЛООТЇ

Мањмадсаид Убайдуллоев, райиси шањри Душанбе ахиран ќарореро ба тасвиб расонд, ки ба манзури рушди бахши иттилоот ва коммуникатсияи технологї дар пойтахт мусоидат мекунад. Тибќи иттилои Шавкат Сайидов, сухангўи мири шањри Душанбе ин санад ба маќсади иљрои ќарори њукумат "Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии компютеркунонии маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот барои солњои 2012-2015" ва бо инобати ќарори райиси шањри Душанбе "Дар бораи чорањои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе оид ба љорї намудани усули замонавии идоракунї бо истифода аз технологияњои иттилоотию коммуникатсионї роњандозї мешавад. Манбаъ афзуд, наќшаи чорабинињои замимагардидаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе оид ба "Барномаи давлатии компютеркунонї барои солњои 2012-2015" тасдиќ гардида, сарраёсати молияи шањри Душанбе зимни ташаккули буљети шањри Душанбе барои солњои 2012, 2013, 2014 ва 2015 маблаѓи заруриро љињати амалигардонии ин ќарор таъмин менамояд.

МУШКИЛ

ЎЗБАКИСТОН ТАРИФЊОИ БОРКАШОНИЯШРО БАРОИ ТОЉИКИСТОН БОЛО БУРД

Шурўъ аз 1-уми январ ширкати "Роњи оњани Ўзбакистон" тарифњои боркашониро барои Тољикистон 32 дарсад боло бурд. Агар дар соли 2011 як тонна маводи сузишвории транзитї дар ќаламрави Ўзбакистон 166,9 долларро ташкил медод, њоло он ба 197,8 доллар расидааст. Масъулини ширкати "Роњи оњани Тољикистон" гуфтаанд, боло бурдани ќимати тарифњои боркашонї аз сўи Тошканд ба афзоиши нархи маводи ѓизої ва маводи сўзишворї дар кишвар бетаъсир нахоњад монд. Барои љилавгирї аз ин њолат "Роњи оњани Тољикистон" тасмим гирифтааст, фоизи замшударо аз њисоби худ пўшонад. Ба иттилои масъулини "Роњи оњани Тољикистон" љониби Тољикистон аз Ўзбакистон хостааст, ки тарифњоро кам намояд, вале Тошканд посухи мусбат надодааст. Афзоиши ќимати тарофањои боркашонї аз сўи Ўзбакистон дар њолест, ки њанўз ќитъаи Амузанг-Ѓалаба боз нашудааст. Масъулини "Роњи оњани Тољикистон" мегўянд, бар асоси иттилое, ки дар даст доранд, љониби Ўзбакистон њанўз њам ба таъмири ин роњ оѓоз накардааст. Роње, ки Ўзбакистон даъво дорад дар пайи як њамлаи "террористї" вайрон шуда, ба таъмир ниёз дорад. Намояндањои "Ўзбакистон темир йулларї" гуфтаанд, агар Кумитаи амнияти миллии Ўзбакистон иљоза дињад, дар як шабонарўз ќитъаи роњи оњани Амузангро таъмир хоњанд кард, вале њоло чунин иљозатро нагирифтаанд.

Њикмати њафта

ПАРВАНДАИ "ТЕРРОРИСТОН" ДАР ХУЉАНД БА ПОЁН РАСИД

ЊУКМ

Дар шимоли кишвар 5 нафар ба љазои њабси абад мањкум шуданд. Онњо бо иттињоми даст доштан дар амалиёти террористї, ки 3 сентябри соли 2010 дар шањри Хуљанд, назди бинои шўъбаи мубориза алайњи љиноятњои муташаккили РКД-и вилоят ба амал омада буд, гунањкор дониста шуданд. Тавре ба "Озодагон" аз додгоњи вилоятї иттилоъ доданд, дар боздоштгоњи №2-и шахри Хуљанд баррасии парванадаи љиної нисбати 53 нафар ба итмом расид. "Ин афрод ба љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин, аз ќабили терроризм, куштор, ташкили иттињоди љиної, убури ѓайриќонунии сарњади давлатї ва ѓайрањо гунањкор дониста шуданд". Манбаъ њамчунин гуфт, аз ин теъдод 12 нафар дар даст доштан дар амалиёти террористї гунањкор дониста шуда, 5 нафари онњо ба љазои якумра мањкум шуданд, 48 нафари дигар аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шудаанд. Ёдрас менамоем, субхи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди бинои идораи ШММЗЉМ ВКД ЉТ дар шањри Хуљанд таркиши сахте ба амал омад, ки дар натиља худи террорист ва 3 нафар кормандони милиса ба њалокат расида, 26 нафар кормандони маќомот ва 3 тан аз сокинони осоишта љароњатњои гуногун бардоштанд.

АМНИЯТИ МАРЗЊОИ ТОЉИКИСТОНУ АФЃОНИСТОНРО ФАРОНСА ТАЪМИН КАРДАНИСТ

ТАСМИМ

Париж омодааст, ки дар таъмини амнияти марзњои Тољикистон бо Афѓонистон кўмак намояд. Дар ин бора Жерар Лонге, вазири дифои Фаронса зимни мулоќоташ бо њамтои тољикистонии худ Шералї Хайруллоев дар шањри Душанбе иброз доштааст. Лонге афзудааст, ки низомиёни фаронсавии мустаќар дар Тољикистон дар якљоягї бо низомиёни тољик тамринњои муштарак доир мекунанд ва аз таљрибањои њамдигар меомўзанд. Бино ба гуфти масъулини вазорати дифои Тољикистон, айни замон 5 нафар аз шањрвандони мо дар донишгоњњои низомии Фаронса тањсил мекунанд. Вазири дифои Фаронса пас аз боздиди дурўза аз Афѓонистон ва мулоќоташ бо райисљумњури он

кишвар Њомид Карзай ва вазири дифои Афѓонистон Абдурањим Вардак ба Тољикистон омада, бо њамтои тољикаш мулоќот кард. Гуфтанист, дар њоли њозир 3600 сарбози фаронсавї дар Афѓонистон, аксаран дар вилояти Кописо ва минтаќаи Сурубї љойгир њастанд. Њамзамон, дар фурудгоњи байнулмилалии Душанбе 100 афсару сарбоз ва тайёрањои низомии нерўњои мусаллањи Фаронса мустаќаранд. Ин љузъу томњои њавої ба манзури кўмак ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афѓонистон чанд сол боз аз фурудгоњи Душанбе истифода мекунанд.

ЗАМИНЛАРЗАИ ДАВОМДОР ДАР НОЊИЯИ ДАРВОЗ

ХАТАР

Шаби 29 декабри соли 2011 дар шарќи Тољикистон заминларзаи шадид ба вуќўъ пайваст. Як сокини рустои Чхкаки љамоати Саѓирдашти ноњияи Дарвоз, ки худро Сайид муаррифї кард, ба хабаргузории "Озодагон гуфт: "Тахминан соати 21:00 буд, девори хонаам якбора ба љунбиш даромада, аз чанд љояш рехт".Ў мегўяд, аниќ намедонам, ки шиддати заминларза чанд балл буд, аммо такони замин дар њамаи љамоат эњсос шуд, њатто дар рустоњои Гурбадара, Ќалъаи Њусайн, Рбот ва Сафедорону дигар љо. Сайид афзуд: "Аввал як садои

гурум-гурум аз таги замин пайдо мешавад, пас замин ба ларза медарояд. Њоло њам замин љунбида истодааст". Ба ќавли ин сокини Саѓирдашт, теъдоди зиёди манзили маскунї валангор шуда, имкони зиндагї дар онњо мављуд нест. Субњи 30-юми декабр коршиносон ва мутахассисони маркази зилзилашиносии Тољикистон ба мањалли њодиса ташриф овардаанд. Алъон сабаби заминљунбии бардавом тањќиќ мешавад.

БОЗ ЯК МУЊОЉИРИ ТОЉИК ДАР ПОЙТАХТИ РУСИЯ БА ЊАЛОКАТ РАСИД

ЉИНОЯТ

Хабаргузории "Интерфакс" ба наќл аз як манбаи боэътимод навишт, рўзи Соли нав дар Маскав њодисаи куштор ба ќайд гирифта шудааст. Бино ба иттиллои ин расона, 1-уми январ дар маркази шањр, љасади кўчарўби тољик дарёфт гардидааст. Гуфта мешавад, тани бељони њамватани мо, ки алъон аз гирифтани исмаш худдорї мешавад, соати 6:35 љасади аз кўчаи Красноказармен бо гулўи бурида пайдо гардидааст. Дар њоли њозир нињодњои зирабт мушаххас кардаанд, ки маќтул шањрванди Тољикистон аст ва дар идораи истифодабарии роњњо кор мекардааст.

Бузургтарин гуноњ нисбат ба атрофиён на бадбинї, балки бетарафї нисбат ба онњост.

Љорљ Бернард Шоу


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

3

МАВЗЎИ ЊАФТА равзана

20 чењраи таъсиргузори Тољикистон

Њафтаномаи " Азия плюс" фењристи 20 афроди бонуфузи Тољикистонро мунташир намуд. Ба иддаои масъулини њафтанома нахуст ќарор буд онњо фењрасти 20 афроди сарватманди кишварро муаяйн кунанд. Аммо чун даромад ва сатњи зиндагии мансабдорони кишвар ба њаќиќат наздик нест, тасмим дигар шуд.

30 нафар коршиноси интихобии "Азия плюс" аз руйи чањор меъёр, таъсир ба: масоили сиёсї ва кадрї; иќтисодиёт ва захоири молї; маќомоти ќудратї; афкори љамъиятї; фењрасти 20 чењраи бонуфузи кишварро муаяйн карданд. Дар натиљаи њисоби пурсишномањо руйхат дар шакли зерин тањия гардид: 1. Эмомалї Рањмон, 502 (масоили сиёсиву кадрї-135, иќтисодиёт ва захоири молї -119, маќомоти ќудратї-129, афкори љамъиятї-119) 2. Мањмадсаид Убйдуллоев, раиси Маљлиси Милли Маљлиси Олї, раиси шањри Душанбе -409 (101, 110, 98, 100) 3. Њасани Асадуллоњзода, тољир, раиси "Ориёнбонк" -364 (104, 110, 79, 71) 4. Муродалї Алимардон, муовини сарвазир -270 (73, 84, 53, 60) 5. Матлубхон Давлатов, рањбари Дастгоњи иљроияи раиси љумњур -261 (79, 72, 66, 44) 6. Њамрохон Зарифї, вазири умури хориља -259 (83, 50, 53, 73) 7. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тољикистон -240 (54, 46, 78, 62) 8. Саймумин Ятимов, раиси кумитаи давлатии амнияти миллї -224 (53, 39, 80, 52) 9. Рустами Эмомалї, рањбари шўъбаи мубориза бо ќочоќ ва наќзи њуќуќи гумрукии Хадамоти

гумруки назди њукумати Тољикистон -203 (58, 58, 45, 42) 10. Шералї Гул, вазири энержї ва саноати Тољикистон 201 (54, 70, 43, 34) 11. Абдурањим Ќањњоров, вазири умури дохилї -185 (37, 29, 68, 51) 12. Муњиддин Кабирї, рањбари ЊНИТ, вакили парлумон -182 (36, 30, 31, 85) 13. Шукурљон Зуњуров, раиси парлумони Тољикистон -175 (47, 41, 35, 52) 14. Шералї Хайруллоев, вазири мудофиа -154 (39, 21, 64, 30) 15. Њољї Акбар Тўраљонзода, рўњонї -143 (28, 26, 24, 65) 16. Тањмина Рањмонова, духтари раиси љумњур -130 (35, 47, 25, 23) 17. Амонулло Њукуматулло, рањбари КВД "Роњи оњан" -129 (35, 42, 31, 21) 18. Фаттоњ Саидов, рањбари Ољонсии мубориза бо фасоди давлатї -114 (23, 34, 33, 24) 19. Љамолиддин Нуралиев, муовини авали вазири молия 110 (28, 44, 20, 18) 20. Озода Рањмонова, муовини вазири умури хориља -109 (34, 34, 25, 16) Коршиносон иќдоми муаяйн кардани афроди бонуфузро љонибдорї намуданд. Ба бовари онњо дар сурати пайваста натиљагирї намудани фаъолияти мансабдорон ва ё намояндагони љомеаи шањрвандї масъулияти онњо низ назди мардум

Зафар СЎФЇ

Шодбош Инак "Озодагон" чањорсола шуд. Ба ростї дар фазои иттилоотие, ки каљ дору марез ва дар миёни чор дарё тахтабанд будану боз њар лањза таќозои доман тар накарданро шунидан амрест маъмулї, ба усулњову арзишњои худ содиќ мондану фаъолият кардан ва ба чањорумин соли мављудияти худ расидан, коре басо сахт буд. Мо њамеша эњсосоти тудањоро мањаку дар авлавият ќарор додан ва онро чун мавље ба њаракат даровардану мављсаворї кардан ва аз ин тариќ ба манфиатњои гузаро ва ночизи модї даст ёфтанро комилан ба усулу арзиши озода будан носозгор дониставу медонем. Барои мо дар мушкилтарин шароити иќтисодї ба сар бурдан бењтар будаву њаст аз он ки арзишњову усулњои ахлоќї ва манфиати миллї нодида гирифта шавад. Худованд гувоњ аст ва хонандаи њушёру озода медонад, ки мо таи ин чањор соли гузашта њеч матлабе дар сањифањои њафтанома љой надодаем, ки дар ростои ѓаразњои шахсї, таборї ва ё мањалї бошад. Њамеша бар ин назар будаву њастем, ки арзишњои ахлоќї ва усулњое монанди озод зистан, сарбаланду озода будан, дастрасї ба зиндагии ободу шарофатмандона, чоплусї накардан, безорї аз шахсгарої ва руњияи ѓуломї, љасорат ва ѓайра бояд меъёри аслии фаъолиятамон ќарор бигирад. Мо њозиру омода будему њастем, ки худро ќурбон кунем, то ин арзишу усулњо ќурбонии манфиати шахсии мо ва ину он гуруњи мањалї, сиёсї ва иљтимої нашавад. Чањор сол содиќонаву самимона талош доштем, то фирефтаи њеч ѓарази шахсї ё гуруњї нашавем ва њамеша чунин будаву чунин хоњад монд, ки ягона ѓарази мо ободии ин марзу буми муќаддас, озодиву сарбаландии ин миллати азияткаш, арљгузорї ба арзишњои ахлоќї ва меъёрњои усулї буду њаст. Агар бар ин натиља расидаем, ки шахсе ё гуруње бар алайњи манфиати миллат ва ободии ин марзу бум кучактарин иќдомро анљом дода ва ё дар фикри ќадам гузоштан дар ин росто мебошад, њатман вокуниш кардаем ва шояд фаќат дар њамин њолат аст, ки мо усули аслии рўзноманигории њирфаї, яъне беѓараз буданро риоя накардем. Албатта аз ин кор њоло њам пушаймон нестем, балки ифтихор мекунему аз ин ба баъд њам њатман аз ин усул аќибнишинї нахоњем кард. Ин љо барои исботи ин гуфтањо зикри матолиби ба нашр расида дар сафањоти њафтаномаро лозим надонистем, зеро мутмаинем худи хонандаи азиз онњоро хуб дар ёд дорад.

“ ” “ ”

бештар хоњад гашт. Аммо суоли матрањ ин мешавад, ки чї гуна дар чунин фењраст аз як хонавода 9 нафар шомил шудаанд? Ин нишони чист? Монополия дар давлатдорї ва ё чизи дигар? Бояд тазаккур дод, ки дар фењрасти муайян кардаи "Азия плюс" аз 20 нафар афроди бонуфузи Тољикистон 6 нафарро аъзои хонаводаи раиси љумњур ва 3 нафарро хешони ў ташкил медињанд: 1. Эмомалї Рањмон 2. Њасани Асадуллоњзода 3. Рустами Эмомалї 4. Шералї Гул 5. Тањмина Рањмонова 6. Амонулло Њукуматулло 7. Љамолиддин Нуралиев 8. Озода Рањмонова Абдулѓанї Мањмадазимов, рањбари Анљумани миллии сиёсатшиносони Тољикистон (АМСТ) ва яке аз коршиносони даъватии "Азия плюс" дар сўњбат ба "Озодагон" гуфт, ки дар баъзе маворид рањбарони давлатњо на ба мутахасисон, балки ба афроди дар садоќат маълум такя мекунанд. Одатан ин хусусияти он раиси љумњурест, ки кишвараш љанги дохилиро паси сар кардааст. "Мањз ба њамин хотир Эмомалї Рањмон такя бар афроди санљидашуда мекунад. Аммо њоло, ки аз љанг 15 сол гузашт, дигар ваќти интихоби афроди њирфаї ва мутахассис омадааст.

сањ.13

14

Мо муњољирати кориро бо њама манфиату суди иќтисодияш як фољеа барои миллат хондаву њамчунон бар ин назарем. Зеро њамин манбаи ягонаи даромади њазорон хонаводаи тољик дар куштани руњияи сарбаландиву озодагї ва парваришу таќвияти руњияи ѓуломї дар нињоди садњо њазор наврасу љавони тољик наќши асосї ва калидї доштааст. Аз ин назар њамеша бовар доштаву дорем, ки ин лаккаи нанг барои њамешаи таърих дар пешонаи он масъулине хоњад монд, ки натавонистанд коре бунёдї ва созанда дар ростои бурунрафт аз ин вазъи асафбор анљом дињанд. Ин аст, ки ба оморњои дурўѓин ва барои тављењи нотавонї ва ољизии худ ироа додаи ину он пашизе арзиш ќоил набудаву нестем. Ва билахира "Озодагон" фаќат ба хотири дарёфтани иљозатномаи фаъолият њамчун моли шахсї сабти ном гаштааст. Дар асл аз аввалин рўзи падид омадани идеяи таъсиси чунин як нашрия бино бар он будаву њаст, ки он муталлиќ ба мардуми сарбаланду озода аст ва мо фаќат василаеву хидматгузоре њастему бас. Мо мисли бархе мансабдоракон иддао надорем, ки барои мардум фалону бењмон кардем, балки бидуни њеч миннатгузорї арз мекунем, ки дар паи иљрои вазифа ва рисолати худ њастем. Агар содиќона ва самимона хидматгузори мардуми озода ва сарбаланд будем хушо ба њоламон ва агар ѓайр аз ин буда вой ба мо. Чањорумин соли будану мондан дар фазои иттилоотии кишварро бар Шумо, ай мардуми озода ва соњибони њаќиќии "Озодагон" самимона шодбош мегўям!


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

4

НАЗАРИ ЊАФТА Тобиши динию мазњабї додани њодисаи ќатли "Бобои барфї" ба нафъи мардум ва љомеаи Тољикистон нест ва хилофи манфиатњои миллии мост…

Эњсоси хатар Иршод СУЛАЙМОНЇ Маврид ба таъкид аст, ки ќатли Парвиз Давлатбеков дар шаби Соли Нав як њодисаи мудњишу асафбор аст ва даргузашти ўро барои наздикону пайвандонаш тасаллият арз мекунем. Чун куштор ба њар навъе, ки бошад љиноят аст ва хилоф бар ахлоќи њамидаи инсонї ва арзишњои башарї будаву њаст! Ростї, ки аз ин њодисаи нангину хушунатбор тариќи расонањои хориљї хабардор шудам. Дар сомонаи радиои "Озодї" ба ин њодиса тобишї диниву мазњабї надода буданд. Аммо шаб ваќте мурур ба хабаргузорињои русиву узбакї кардам, эњсос намудам, ки ба ин ќазия тобиши исломї додаанд ва онро як њодисае рухдода бар пайи изњороти муфтии Тољикистон, ки гуфта буд, ки "Соли Нав барои мусулмонон бегона аст", медонанд. Њазорон бародарони тољик дар

минбари коршинос

Рашид Ѓанї АБДУЛЛО

Тадбир бояд љуст гўшањои бањсии ин сомонањо ба њаќорату њамоќати якдигар пардохтаанд ва дар зери тавтеъагарињои сомонањои хадамоти љосусии русњову узбакњо якдигарро саркўб мекарданду њамчунон саркўб мекунанд. Албатта, асли њодисаро надониста, ки чї будаву чї шуда. Чунин ранг гирифтани њодиса, яќинан бар нафъи мардуми Тољикистон нест. Ва банда њам водор шудам, ки пайи дарёфти асли њодиса ба чанд љое занг занам ва бо чанд касе сўњбат кунам. Бо пайвандону наздикони Парвизи равоншод ва шоњидони айнї низ сўњбат кардам.Онњо гуфтанд, ки замони рух додани њодиса суханњое аз ќабили "ту кофирї" набуд ва садо надодааст. Баъдтар БиБи-Си њам дар пайравї ба сомонањои русиву узбакї ба њодиса тобиши исломї дод. Бо як хонуми коргари Би-Би-Си вориди бањс шудем. Мегуфт, ки "ман аз наздикони маќтулам ва шоњидон мегўянд, ки нафарони њамлакарда ва ќотил ба Парвиз гуфтаанд, ки ин кофир аст ва моро ба иди кофирон табрик мегўяд". Њарчанд гуфтам, ки хонум онњо маст будаанд ва кадом одами маст метавонад, ки як фанатик бошад? Аммо ќабул накард. Аммо ба назари ман рух додани ин њодиса як амри тасодуф аст. Гап сари он меравад, ки шаби Соли Нав мо њам ба берун рафта будем ва зиёд "Бобоњои барфї" дар хиёбонњои Душанбе гаштугузор доштанд, ки касе онњоро "кофиру маљус" намедонист.

сањ.13

11

Гурўњи байналмилалии бўњрон созмонест, ки беш аз 15 сол фаъолият дорад ва мањсули асосии ин фаъолият мунтазам ба табъ расондани "огоњномањо" аз имконияти сар задани ин ё он бўњроне, ки метавонад ин ё он минтаќа ва ё кишвари алоњидаро ноором созад. Яке аз гўшањои љањон, ки њамеша дар маркази эњтимомї ва њатто ташвиши ин гурўњ ќарор дорад, минтаќаи Осиёи Марказии пасошўравї ва њар як кишвари алоњидаи он мебошад. Дуруст аст, ки аснои тањия намудани "огоњномањо"-и хеш рољеъ ба имконпазирии сар задани бўњроне, ки оромиву суботро дар кишварњои Осиёи Марказї метавонад тањдид кунад, муаллифони онњо то андозае, ба истилоњ "ѓами" мардуми бумиро мехўранд. Вале он њам дуруст аст, ки дар ин асно онњо бештару зиёдтар ѓами худашонро мехўранд ва дар садади таъмини манфиатњои миллї ва, гузашта аз он, умумиѓарбии хеш мебошанд. Кишварњои бохтарзамин, ба вижа дар Аврупои Ѓарбї, муддатест, ки аз вобастагии аз њад фузуни хеш дар масъалаи таъмини эњтиёљоти хеш ба нерў аз давлатњои Ховарзамин ва Русия сахт ба ташвиш уфтодаанд. Осиёи Марказї дорои захирањои зиёди нафту газ мебошад, вале кишварњои Аврупо танњо дар њолате бо истифода аз ин захирањо метавонанд вобастагии худро аз Ховарзамину Русия коњиш дињанд, ки минтаќаву њар як кишвари он орому собит бошанд, зеро яќин аст, ки бўњрону нооромї дар як кишвар суботро дар тамоми минтаќа тањдид мекунад. Аз дидгоњи гурўњи байналмилалї ва шахсону нињоду сохторњое, ки фаъолияти онро маблаѓгузорї мекунанад, ташхиси сари ваќти омилњое, ки метавонанд оромиву суботро дар њар як кишвари мин-

таќа ва, дар маљмўъ, тамоми ин минтаќа тањдид кунанд, ва пешкаш кардани тавсияњо рољеъ ба тавру гунаи бењтарини файсала намудани мушкилањои бўњронзо, яке аз роњњои имконпазири расидан ба њадафи маќсуд мебошад. Пазироии манфии гузоришњо ё худ "огоњномањо"-и Гурўњи байнлмилалии бўњрон дар љумњурии мо ба њукми ќонун даромадааст. Аммо, тавре ба назар мерсад, раддулфеъл ба огоњномањои ин созмон бояд аз тобиши амалагароёна бархурдор бошад. Хулосањои тањиягарони гузоришњоро метавон пазируфт ё, бараъкс, ќатъиян рад намуд. Вале он чизе, ки дар ин гузоришњо феълан аз ањамияти зиёд бархурдор аст, на худи хулосањо, балки маводи мушаххасе, ки дар асоси тањлили онњо тањиягарон ба хулосањои худ расидаанд ва худи дарк ва роњу усули тањлили ин мавод мебошад. Тањиягарони гузоришњои Гурўњи байналмилалии бўњрон маводро барои тањлилу хулосабарорињои хеш умдатан аз расонањои иттилоотии љумњурї, сомонањои тољикиасли шабакаи байналмилалї, таълифоти олимону коршиносон, гузоришњо аз натиљањои пурсишњои сотсиолигї, мусоњибањо бевосита бо теъдоди зиёди мардум аз ќишрњои гуногуни љомеъа дарёфт мекунанд. Ба табиати њол, маводу маълумоти бадин минвол дарёфткарда наметавонад комилан аз вазъи феълии ин ё он кишвар дур бошад. Биноан, сохтору нињодњои дахлдори љумњурї низ метавонад, гузашта аз он, бояд аз ин маводу маълумот дуруст истифода баранд ва ба натиљагирињои худие бирасанд, ки тадбир намудани чорањоро дар ростои гирифтани пеши роњи бурузи бўњрон ва тањкими суботу амнияти кишвар имконпазир мегардонанд.

CЕ ДИДГОЊИ ЊАФТА

Ќатли "Бобои Барфї" дар Душанбе чї омил дошт? Ќироншоњ ШАРИФЗОДА,

Б

љомеашинос

О нохушї анљомидани њар гуна воќеа албатта як њодисаи нохуб аст. Агар мо ќазияи бобои барфиро дар шаби соли нав гуфтани бошем, ба назари ман аз ин чандон таъкид кардан дуруст нест. Таъкиди бештари мо набояд атрофи "Бобои барфї" ва ё "Соли нав" бошад. Чунки њодисањои нохуш њамарўза рўй медињанд. Агар мо ин њодисаро ба баёнияи муфтї рабт дињем пас бояд бигўям, ки ман тарафдори пешнињод ва хулосаи муфтї нестам. Бубинед, аввал ин ки дин ба корњои давлатї мутобиќи сарќонун набояд дахолат кунад, дуввум ин ки муфтї ин мансаби давлатї нест, ки гуфтаи ў дар кишвари дунявї ќурби њукм дошта бошад. Аз љониби дигар мо бо солшумории мелодї сарукор мегирем. Солшумории мо барои давлат расмї аст. Аз ин хотир таљлили соли нав бояд як падидаи муќарарї бошад аз ин набояд њангома барангехт. Дуруст, мо соли нави худ "Наврўз"ро дорем. Аммо ваќте бо ин солшуморї сару кор дорем ба таври расмї соли давлатї аст, љамъбасти сол аст. Таљлил кардани соли нав ва ё анљоми як сол кори баде нест ва љойи бањс њам нест. Бо чунин рўњия мо дањсолањо бузург шудем. Барои гуруње ин як падидаи муќаррарї аст. Ваќте дар шаби соли нав назар мекунед, тамоми кўдакон хурсандї доранд.

Пас, модару падар ва бобову бибї низ метавонанд ба онњо њамроњ шаванд. Мутаасифона дар љомеаи мо фањмиш ва тассавури мардум ба таври лозима нест.

Зубайдуллоњи РОЗИЌ,

Ш

бояд бипурсанд, ки ин кор дар асосї чї анљом ёфтааст. Шўрои уламо аз таљлили соли нав манъ кард. Инљо мувофиќам бо эшон, чунки ин љашн барои фарњанги мо бегона аст. Љашну маросим агарчї бегона аст, аммо бояд ба гунае бошад, ки фарњанги моро такмил бидињад. Аммо аз таљлили Соли нав ин чиз ба назар намерасад. Садои гўшхароши "бозича"-њову майнўшї ин на танњо љузъи фарњанги мо, балки љузъи таљлили мавлуди њазрати Исо (а) њам нест. Тољикони мо низ дар ин ид аз тољик будани худ фаромўш месозанд.

рўњонї

ОЯД ин дасисае бошад, ба хотири бадном кардани мусалмонон ва ё дини Ислом. Бобои барфиро ба ќатл расонидаанд, ки вай ба мо мусалмонон ва дини Ислом зараре намерасонад. Мардумро то ин њад ѓазабї кардан ѓайриимкон аст, њатто њамон ифротгароњоро. Ин ба њаќиќат рост намеояд, ки як нафарро ба хотири Бобои барфї будан ба ќатл расонанд. Таљлили соли нав як падидаи маъмулї, мо 70 сол бо чунин аќида зиндагонї кардем. Мо танњо медонем, ки ин иди мусалмонњо нест. рўзи мавлуди яке аз пайѓомбарон аст. Ин масъала набояд то андозае барангезад, ки боиси рехтани хуни инсон шавад. Ба назари ман инљо мусалмонон ва ё ифротињо даст надоранд. Ба тахмини ман ин кори гурўњест, ки мехоњад мусалмонони Тољикистонро дар тангно ќарор бидињад ва бадном кунад. Ин њодисаро љуз дасиса чизе намедонам. Бо дастгир кардани афроди гумонбаршуда, масъулин

Мањмадулло АСАДУЛЛО,

Х

котиби матбуотии ВКД

АБАРИ дар наќши "Бобои барфї" кушта шудани як љавон њоло расман тасдиќ нашудааст. Дар назди бинои иќоматї як нафар љароњат бардоштааст. Њоло даќиќ нест, ки љабрдида чї либос ба бар дошт. Њоло ду нафар гумонбар дар ин љиноят дастгир шуда, тафтишот идома дорад. Ин њодиса таќрибан соатњои 22-и шаби соли нав рух додааст. Љавони кушта шуда Парвиз Давлатбеков ном дорад. Ў 3 љароњати кордї бардошта, њоло дар беморхона мебошад. Њамин ќадар муаяйн аст, ки дар асоси задухўрд аз љониби афроди ношинос захмї мешавад.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

5

ТАЊЛИЛИ ЊАФТА чашмандоз

Аз замонае, ки худамро мешиносам, дар хонаводаи мо њамеша чањор ид ва як љашнро таљлил ва ба ин муносибат њамдигарро табрик мекарданду мекунанд. Се ид, яъне Иди Фитру Ќурбон ва Мавлуди паёмбар (с)ро њамчун мусалмон ва Наврўзро њамчуни Иди миллї ва соли навро ба сифати иваз шудани таќвим.

Хилватшоњи МАЊМУД

Ойина "Очата бгу…"-и бобои Файзи кангуртї ба њадде дар зењнњо љо карда шуд, ки дигар хитњои сол бо шумули таронањои марѓуби Љўрабек Муроду шодравон Зафари Нозим ва Далер Назару Садриддин њам ба гўшаи фаромўшї рафтанд. Хурду калон, бекору кордор, вазиру кабиру саѓир њам дигар ваќти ба якдигар сим задану сўњбат кардан, ё аз ибораи "Занакои лави ов меган…" шурўъ мекунанд ва ё бо "Очата бгу…" тамом мекунанд. Атфоли аз дунё бехабари пойтахт дар бозињои наву кўњнаи худ низ акнун "эссе"-и Файз-боборо љо карда, яке аз њарфњои онро ба тарзи шикаста такрор мекунанду њамдигарро садо мезананд. Тамошои чанд лањзаи барномањои соли навии шабакаи аввали телевизиони Тољикистон ва "Сафина" кофї буд, ки ќањрамони нави базмњои имсоларо дарк кунем. Бале, манзур бобои Файз аст, ки њам латифа мегуфту таронахонї мекард ва бадоњатан шеър њам эљод мекард. Солманде, ки аснои шубоб дар ТВ-у радиоњои давлатї љойи по намеёфт, инак љилвагоњашро пайдо карда. Агар аз оќои Рањмондўсти Ќурбониён, ки ба як рафтори њазломез насабашро ба љаноби Кобзони тољикї таѓйир дод, ёд накунем, дигар сањанњои ду ТВ дар ихтиёри бобои Файз буданд. Мо, ки њаргиз мухолифи мутойиба ва њаљву латифаи намакин набудаем, баръакс аз ин равия ва муаллифони ин жанри адабиётамон васеъ истифода кардаем ва њам љонибдори рушди онем. Зеро, њаљв ойинаи рўнамои љомеъа буда ва њаст. Камбуду нуќсон ва мушкилоти замонро њанўз хеле барваќт ќањрамонњои эљодиёти шифоњии халќамон Талњаку Афандї ва устоди њаљвнависон Убайди Зоконї дар пероњани танз бо як мањорати хоса ва зебоии тавъам бо маънї, саршор аз ширу шакари сухан ба мардум мерасониданд. Мурод аз њазлу шўхиву танз фаќат хандидану ќањќања задан нест. Барои бархе аз хушдилон ин роње дар шиносоии њунари худ аст, барои бархи дигар дарёфти музди хуб ва барои савумињо хуш кардани дили дўсту ошноён, аммо љавњари мутойиба њамон буда, ки њаст: Фош кардани иллат ва ноќисињои давру замон ба воситаи хушбаёнї. Ин рисолатро то ин замон Њољї Содиќу Усто ва Мастои рањматї, Убайдуллоњи Раљаб, Бахтиёр Рањимову дигарон анљом медоданд. Рўшан аст, ки телевизион бузургтарин дастгоњи таблиѓотї аст, зеро садо, симо ва навор якљоя дар тафаккури инсон тањаввулот ворид месозанд. Њамакнун, дар Тољикистон чор шабакаи телевизони давлатї фаъоланд. Бино ба назарсанљии ахири Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон, беш аз 90 дарсади ањолии кишвар шабакањои телевизиони давлатиро тамошо мекунанд ва мањз њамин шабакањоро манбаъи аслии дарёфти иттилоот барои худ мењисобанд. Ногуфта намонад, ки 70 дарсади тамошочиёни телевизион дар дењот ба сар мебаранд. Тавре гуфтем, телевизион дастгоњи ќавии идеологист, ки ќабл аз њама барои њукумат хизмат мекунад. То пош хўрдани давлати абарќудрати шўравї барномањои муњими телевизион, аз љумла барномањои сиёсї, иќтисодї ва иљтимої аз љониби нињодњои вижаи њукуматї тарњрезї ва назорат мешуданд. Гузашта аз ин, пахши оддитарин барномаи њаљвї- танќидї сару садоро ба вуљуд меоварданд ва табиист, ки бе посух намемонданд. Масъулин ољилан аз пайи ислоњи вазъ мешуданд. Аммо њоло, ки ба истиќлол расидем, фикр накунам, ки ба ављи дастовардњои љадид дар бахши телевизион расида бошем, њарчанд пахши раќамии барномањо њам оѓоз гардида бошанд. Фаќат аз лињози фаннї пахши онњо тадриљан бењтар шудааст.

Ва дар таи беш аз чор дања замоне, ки худро мешиносам, борњо аз талошњое барои таљлил нагирифтани ин ё он Ид шоњид будаам. Яке ба ислом душманї меварзиду дигаре ба гузаштањои миллати мо. Њоло ба рўзе њам расидем, ки таљлили Соли навро накуњиш мекунанд. Ва ин накуњишгар як шахси маъмулї не, балки муфтии кишвар Саидмукаррам Абдуќодирзода аст. Албатта дар пасманзари сару садое, ки пас аз баёнияи љаноби Абдуќодирзода алайњи Тўраљонзодањо дар љомеа падид омаду вокуниши гуногунро

Бањона боис гардид, шояд ин изњори назар ба ќавле њисобшуда ва сари ваќтї низ арзёбї гардад. Охир хелењо буданд, ки аз якљониба будани ин баёния гуфтанду изњор доштанд, ки чаро ба масењї шудани садњо нафар мусалмон љаноби муфтї вокуниш нишон надодаву аз ёдкарди рўзи шањодати набераи паёмбари гиромии ислом Имом Њусейн ин ќадар нороњат шудаанд? Чаро дар робита ба таљлили соли нав, ки љашне нашъатгирифта аз кеши масењист, њеч њарфе намегўяд? Ќисса кутоњ заминае ингуна барои ибрози назари муфтї падид омада буд ва шояд он љаноб њам аз ин замина истифода карданд. Ин њам дар њолест, ки тибќи бархе иттилоот нињодњои давлатї, аз љумла Вазорати маориф, барои таљлили Соли нав дастури шифоњиву катбї додаанд ва ин рўз дар кишвар дар таќвим расман таътил эълон шудааст. Албатта ин њама кори сиёсату сиёсатмадорон аст ва мисли ман одамони хокї шояд ба дарки умќи ин масъала намерасанд. Вале барои мо муњим он аст, ки љашнњое ингуна як бањонае барои њадди аќал рўзе шод будан ва лањзае чанд худро хушбахт тасаввур кардан мебошад. Зеро мо он ќадар зиндагии саршор аз мушкилоту норасої дорем, ки намедонем бигўем зиндагї мекунем ё вуљуд дорем. Мо, сокинони кишваре њастем, ки бештарин манбаи оби минтаќа аз ватанамон сарчашма мегирад, аммо камтарин бањраро аз он мебардорем. Мо дар асри 21 бо мушкили норасоии барќ рў ба рў

њастем. Дар хонањои баландошёнаи шањрњои мо оби гарм солњост, ки нест. Дар ягона роњи иртиботии пойтахт ва љануби кишвар бо ќисмати шимоли он дукончањои пулчинак бунёд кардаанду барои гузар бояд бољ бисупорї. Садњо њазор фарзандони ин марзу бум дар диёри ѓурбат азият мекашанду дар бадтарин шароит ба сар мебаранд. Эњсоси худкамбинї ва руњияи ѓуломї дар њоли фарогир шудан асту ину он аз дастовардњо дар ростои истиќлол љор мезананд. Албатта њама бањона пеш меоранд ва барои тављењи норасоињову мушкилот њатман бањона доранд. Ин муњим нест, ки тарафи дигар, ки барои тављењи гуфтањояш бањонањои дигар дорад, ба бањонаи онњо бовар мекунад ё не. Муњим тављењи худашону корњояшон будаву њаст. Баргардем ба мавзўи таљлили Соли нав. Ин рўз њатто бењтарин бањонаест барои шод будани мардуми рустои кишвар, зеро ширкати "Барќи тољик" ба ќавле "лутф" мекунаду дар интиќоли барќ рељаро ба њадди аќал мерасонад, яъне чанд соат бештар барќ медињад. Ваќте аз ибрози назари муфтии кишвар перомуни љашн нагирифтани Соли нав, ки њамчун солгарди мавлуди паёмбари Худо њазрати Исои Масењ ёд мешавад, сўњбат мекардем, яке аз дўстон эътироз кард, ки чаро солрўзи Мавлуди хатми анбиё, паёмбари ислом Њазрати Муњаммад (с) расман таљлил намешавад. Далеле, ки як дўст ироа кард, њарчанд сатњї, аммо мантиќї ба назар расид. Ў мегуфт; таљлили Соли нав бањонаест

барои онњое, ки тамоил ба нўшидани машрубот доранд ва ба назар мерасад ин амр дар байни мансабдорон ва онњое, ки дар тасмимгирињо таъсиргузор њастанд, бештар роиљ аст. Аммо дар мавлуди паёмбари ислом бањонае барои нўшидани машруб нест. Як хабари нохуше, ки дар асл боиси рўи коѓаз овардани ин навишта шуд, мавриди зарбу лат ќарор гирифтану фавтидани як шањрванди кишвар буд, ки дар тан либоси "Бобои барфї" доштааст. Шояд чунин либос ба тан доштани ин марњум бањонае барои задухўрд шуда ва шояд эњсоси мухолифат ба таљлили Соли нав бањона буд. Намедонам, вале хеле нороњат шудам, зеро дар чунин як рўз, он тавр ки дар боло зикр шуд, ки бањонае барои шод будани инсонњои хокие мисли ман аст, инсонеро ба ќатл расондаанд. Њоло дар хотима арзе дорам ва рўи суханам ба онњоест, ки дар ин ё он маврид имкони тасмим гирифтан ва ќарор ќабул кардан доранд. Аввал шароите ба вуљуд биоваред, ки мардуми оддї ва мисли ман хокї ба дунболи бањона барои шоду хушбахт будан дар фикри таљлили ин ё он љашн набошанд. Мутмаин бошед, агар мардум зиндагии дар њоли рифоњ дошта бошанд, пас худ аз худ бањона барои шод будан аз таљлили ин гуна љашнњо аз байн меравад. Мамнуъ кардан роњи дурусти расидан ба њадаф нест. Он идњое, ки бо маънавият пайванд доранд, бидуни њеч бањонаи моддї таљлил шудаву хоњад шуд. Фаќр аввалин зинаи куфр гуфтаанд. Дар ростои аз шонањои мардум гирифтани ин бори сангини фаќр бошед, худи мардум метавонад харљу масрафашро танзим кунад ва кадом рўзу идро љашн гирифтанро низ бењтар медонад.

“ ”

Суоли матрањ ин аст, ки оё намоишњои шабакањои давлатї дархўри хостањои мардуми кишваранд? Оё љомеъа аз тамошои барномањои ин ТВ-њо ниёзњои худро бароварда мекунад?

“ ” Зафари СЎФЇ

Ба назари як тамошочии оддї, ки аз номи ў банда њаќќи њарф заданро дорад, мегўям, ки не ва боз њам не. Чаро ки барномањои телевизионњои давлатии Тољикистон бештар ба саргарм кардани мардум машѓуланд. Ин як роњест, ки таваљљўњи одамонро љониби дигар мебарад ва онњоро аз сиёсату мушкилоти љомеъа дуртар нигоњ медорад. Аммо бехабар аз он ки халову дурї, ноогоњї ва бехабарї оќибати нохуберо ба бор меорад. Нашавад, ки боз њам ба ќавли бобои Файз "Занакои лави ов меган…" гуфта, аз инъикоси њаќиќати замон ва печидагии рўзгор дам назанем.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

6

ЊАФТ ПОСУХИ ЊАФТА Раисљумњури Тољикистон Эмомалї Рањмон дар паёми табрикиаш ба муносибати соли нав соли 2012-ро соли муњим хонда гуфт, ки дар ин сол аз 20-умин солгарди Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї дар шањри Хуљанд ва њам 15-умин солгарди имзои Созишномаи сулњ ва ризоияти миллї миёни њукумату мухолифини пешини тољик љашн гирифта мешавад. Бо таваљљўњ ба ин "Озодагон" аз коршиносон чунин суол кард:

Чї солро пурањамият менамояд? Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос

Пеш аз њама расидан ба рушди иќтисодии устувор ва њал кардани масъалањои иљтимої ва пеш бурдани фаъолияти соњаи кишоварзї, пайдо кардани љои кор барои муњољирони корї дар Русия не, балки дар Тољикистон бояд дастовард њисоб гардад. Дар 20 соли ахир дастоварди асосї њамин аст, ки мо кишвари худро аз фурўпошї нигоњ доштем, дар он даврањои вазнин давлати худро њифз кардем ва аз њамин љињат љашнгириро дастовард гуфтан мумкин аст.

Мањмадалии ЊАЙИТ, муовини раиси ЊНИТ

Соли 2011-ро, ки он ќадар таърифу тавсиф карданд, аслан њеч дастоварди бузурге надошт ва соли 2012, ки 15-умин солгарди имзои созишномаи сулњ ва ризоияти миллист, фикр накунам ба он дараљае, ки бояд љашн гирифта шавад ва ба њар ду тараф ќадру эњтиром гузошта шавад. Зеро то ба имрўз мо шоњиди он будем, ки танњо як тараф аз тарафи аксарият, ба хусус радиову телевизиони њукуматї њамду сано хонда мешавад ва тарафи муќобил нодида гирифта мешавад. Чун дар сулњ як тараф не, балки ду тараф буд ва агар кўшишу зањмату талошњои тарафи муќобил, ба хусус Иттињоди нерўњои оппозитсиони тољик тањти роњбарии устоди зиндаёд Саид Абдуллоњи Нурї намебуд, фикр накунам, ки ба ин сулњ оќои Эмомалї Рањмон дастрасї карда метавонист. Ду тараф ба њам омаданд ва сулњ карданд, вале он вањдати миллие, ки мегўем, имрўз дар љомеаи Тољикистон вуљуд надорад ва фикр накунам, ки соли 2012 хам ин вањдатро таъмин карда тавонад. Чун пеш аз њама тољик њамчун миллат ташаккул наёфтааст ва дуввум ин ки њукумат аз мардум дур аст ва фикр накунам, ки дар муддати як сол ба ин њама ноил гардад. Ман зидди як чунин љашнгирињо њастам ва он љашнгирињое, ки то ба имрўз дастоварде набуд. Ин танњо ба хотири болидагии рўњу равон ва маишати як гурўњ буд. Мо љашнњои зиёде дорем, аз ќабили асалу кадуву харбузаву вањдати милливу истиќлол, вале ин барои тоифаи мардуми оддї нест. Ин барои њукуматдорони мост ва фикр накунам, ки ин дастоварди мову шумо бошад ва љонибдори инам, ки њар чї бештар ин љашнњо танзим карда шавад, њаммонанди он ки расму оини мардум танзим карда шуд ва харљњои зиёде, ки барои љашнњои зиёди ба ном "миллї" карда мешавад, ба хотири бунёди Роѓун ва корхонањо ва иншоотњое, ки мардумро бо љои кор таъмин кунад, масраф шавад хубтар аст. Ман фикр мекунам, ки дар соли 2012 бояд њукумат рў ба мардум орад, мардумї бошад ва бигзор сохти љомеаи демократиро пайгирї кунад.

Алишер ИДИЗОДА, тањлилгари масоили сиёсї

Ба фикри ман дар мамлакат пешравие дида шавад ва ба дастоварде ноил шавем, ки он дар ёди миллат боќї монад ин аз њама муњимтар аст. Агар мо солро барои

гирфитани кадом љашну маърака муњимтар медонем, аз љониби дигар набояд фаромўш кард, ки барои мардум коре анљом дода шавад. Дар пешравии соњањои иќтисодиёт бояд датовардњое бошад, ки барои миллат хотирмон бошад. Аз ин нигоњ ман чунин мешуморам, ки бо ќайд гирифтани љашнњо мо набояд муњимияти солро бањо дињем ва пайи њам тањлил кунем. Масалан, агар корхонае кушода шавад, ки 2-3 њазор одамонро бо љои кор таъмин кунад, ин дастоварди муњими сол њисобида мешавад. Љашн бигзор бошад, муќобили љашнњо нестам, вале муњимтар аз њама ин пешравї дар соњаи иќтисодиёт ва бењбуди вазъи иљтимоии мардум аст.

Амният АБДУНАЗАРОВ, роњбари созмони "Демократия"

Муњимияти сол ба андешаи ман ягон робитае ба љашнњо надорад. Ин љашнњо танњо ёд кардан аз рўзњои таърихї барои миллат аст ва дар њоле, ки созишномањо амалї шудан ё не, суол аст. Ба фикри ман созишномаи истиќрори сулњ амалї нашуд ва тарафи муќобил љумла аз вазивањо сабукдўш шуданд. Бузургї ё муњимияти сол ба натиљањои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии кишвар аст, на ба хотири љашнњо. Он тавре, ки огоњем, иќтисодиёти Тољикистон рўз аз рўз фалаљ шуда истодааст ва бозорњои мо аз молњои хориљї пур шудааст. Муњимияти соли 2012 бояд дар демократикунонии љомеа таљассум ёбад. Баъдан таъмин намудани адолати иљтимої дар Тољикистон ва њамзамон дар сиёсати кадрї новобаста аз мањаллу мансубият ба њизбњо бо як чашм нигоњ кардан муњимияти дигари сол бояд бошад.

Абдурањмон ХОНОВ, мудири бахши тарбияи ватанпарастии љавонон ва кор бо толибилмони назди КЉВСЉТ Мо зери мафњуми да-

стовард њам дастоварди сиёсї, њам иќтисодї, њам иљтимої ва њам фарњангиро дар назар дорем. Хушбахтона, мо дар тамоми соњањо дастовард доштем. Мушкилоту монеањо буданд, вале дастовардњо зиёдтар буд. Дастовардњои мо на танњо аз љониби коршиносони дохилї, балки аз љониби коршиносони байналмиллалї низ эътироф шудаанд. Масалан, дар заминаи фароњам овардани рушди тиљорат Тољикистон дар ќатори 10 кишвари аввали љањон ќарор дорад. Бо таќозои вазифа ба минтаќањои Тољикистон зиёд сафар мекунам ва ободиву шукуфоиву пешрафтро дар њама љо мушоњида мекунам. Имрўз баъзењо бонги изтироб мезананд, ки мушкилоти барќ вуљуд дорад, албатта мушкилот њаст, вале фаъолияти њукумат њам барои рафъи њамин проблемањо нигаронида шудааст. Агар бо њамин маром рушди Тољикистон идома ёбад, имкони дар 5-10 соли дигар расидан ба сатњи кишварњои мутамаддинро дорад. Таљлили 20 солагии иљлосияи 16-уми Шўрои олї ва 15 солагии љашни вањдати миллї бори дигар ба мардум њушдор додани он воќеањои солњои гузашта аст, то мо хулосаи зарурї барорем ва субботу амнияте, ки дар кишвар пеш аз њама тавассути сиёсату љонбозињои сарвари давлат ба даст омадааст, бояд њама масъулият дошта бошем. Ин дастовард аст ва онро бояд њамчун гавњараки чашм нигоњ дорем ва ба љавонон талќин кунем. Насли наве, ки имрўз рўи кор омадаанд, аз њамин дастовардњо огоњї надоранд ва мо бояд ба љавонон зарурати вањдати миллиро фањмонем.

Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ Њамаи миллатњои дунё рўзи истиќлолиятро љашн мегиранд ва ин кори пайвастаи идеологї ва тарбияи насли оянда аст. Гузаронидани он ягон ишколе надорад, аммо онро њамчун фаъолияти асосии сиёсати давлат њисоб кардан чандон дуруст нест. Чунки масъалањои иќтисодиву иљтимоии бисёр вазнин дар пешорўи давлату халќ истодааст. Бо љои кор таъмин кардану пардохти на-

фаќа, додани маошу таъмини барќ ва рушди соњаи кишоварзї бисёр масъалањои муњим аст. Таваљљўњи асосї бояд ба њамин самт равона гардад. Агар ин масъалањоро дуруст њаллу фасл накунем он ваќт халќ маросимњои љашниро хуб ќабул намекунад. Брежнев як сухане дошт, ки дуруст буд: "Нон бошад суруд њам мешавад". Сурудхонї њам ба шиками сер мефорад. Ба шиками гурусна суруд писанд намеояд. Љашн гирифтан хуб аст, лекин масъалањои иљтимоиву иќтисодї, амнияти давлатї ва амнияти энергетикиву амнияти коммуникатсионї бенињоят муњиманд.

Рањматулло ВАЛИЕВ, рањбари созмони "Рушди љомеа" Фикр мекунам, ки ањамияти сол пеш аз њама бо назардошти шароити зиндагии мардум муайян карда шавад. Аз нигоњи ман сатњи зиндагии мардум боло нарафтааст. Агар аз нигоњи њукуматдорон сатњи зиндагии мардум боло рафта бошад, ин ба воќеият чандон рсот намеояд. Агар бењ шудани вазъи зиндагии мардум аз њисоби ворид кардани маблаѓ аз љониби муњољирони мењнатї бошад, ин нодуруст аст. Барои маълум кардани дастоварди сол пеш аз њам бояд маълум кард, ки дар Тољикистон чї ќадр шањрвандон бо коре, ки зиндагиро гузронидан мумкин аст, таъмин гаштанд, миќдори муњољирони мењнатии мо, ки ба хориљ мераванд чї ќадар кам шудаанд? Бо ин тањлилњо бояд сол љамъбаст мешуд ва дастовардњо муайян мегардид. На бо он ки мо чї ќадар љашнњо гузаронидем ва дар ин љашнњо чї ќадар маблаѓи буљет сарф шудааст. Ин маблаѓњоро метавонистем барои корњои дигар истифода кунем. Имрўз дар ВАО-и њукуматї њамин чизњоро мегўянд, ки мо дар ин сол 20 солагии истиќлолро ќайд кардем. Бале, 20 солагиро ќайд кардем, аммо бо кадом дастовардњо? Љашн гирифтан меъёри љамъбасти сол ва дастоварди сол буда наметавонад. Ин нодуруст аст!


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

7

МУШКИЛИ ЊАФТАЊО

Сесолањои беохир Якуним шабонарўзи барќи "шикамсерї", ки ањолии кишвар бо шарофати ќарори њукумати кишвар дар рўзњои соли нав гирифтанд, ба назар мерасад, ки "љуброн" мешавад. Њанўз чанд рўз ќабл аз фарорасии соли нав дар бархе навоњї аз рељаи муќарраршуда ду соатї "минус" шуд. Субњи 2-юми январ бошад, њанўз соати 8:00 аз барќ ному нишон набуд…

Абдулазизи ВОСЕЪ Хушхабари лаѓв шудани лимитро тай ду рўз "Барќи тољик" ба ањолї расонд. Ин нињодро њукумати Тољикистон муваззаф кард, ки 31-уми декабр ва 1-уми январ, ки мардум аз соли нави мелодї љашн мегиранд, рељабандии барќро бекор намояд. Аммо тавре маълум гардид, "тўњфа"-и солинавии њукумати кишварро на њамаи истиќоматкунандањои љумњурї дарёфт кардаанд. Холиќназар Љумъаев, рўзноманигори тољик, ки он шабу рўз дар рустои Чортути пойтахт ќарор доштааст ба "Озодагон" гуфт, ки онљо умуман барќ набуд": "Барќи Тољик" ба ваъдааш вафо накард. Ман рўзи 31уми декабр, ба мењмонии дўстам рафтам, он љо давоми рўз аз барќ ному нишоне набуд",-гуфт Љумъаев. Номбурда ба раќамњои телефонии боварии "Барќи тољик", ки дар эълонњои ширкат дар мавриди тайи ду рўз бекор шудани лимит навишта буданд, занг задаст. "Хостам сабаби дар ин мањалла ва гирду атрофи Душанбе набудани барќро пурсон шавам, мутаасифона, гушињои раќамњои "боварї"-ро касе набардошт". Ин дар њолест, ки дар хабарномаи "Барќи тољик" гуфта мешуд, давоми ду рўзи таљлили соли нав дар дастгоњи марказї ва зерсохторњои ширкат аз њисоби роњбарият ва мутахассисон навбатдории шабонарўзї ташкил дода шуда, телефонњои боварї - 37883-55-22; 37-883-55-11 ба таври шабонарўзї фаъол хоњанд буд. Нозирљон Ёдгорї, сухангўи ширкати "Барќи тољик" ба расонањо гуфт, сатњи оби обанбори Норак ба 898 метр баробар аст ва ин имкони барќрасониро муњайё мекунад. Сокинони кишвар дар ду рўзи

ваъдагї барќ гирифтанд ва шаби якуми январ ваќте аќрабаки соат њанўз марзи 23:00-ро убур накарда буд, он хомўш гардид. Баъди эълони хабари ќатъи лимити барќ њолдонњо мегуфтанд, ки агар "Барќи тољик" метавонад мардуми саросари кишварро ду рўз пурра бо барќ таъмин кунад, пас чаро ин корро пайваста намекунад? Онњо бо ишора ба суханњои худи маќомоти ширкати "Барќи тољик" мегуфтанд, ки "барќ мол нест, ки дар анбор нигоњ дошта ва дар мавриди зарурї ба фурўш бароварда шавад". Бархе аз сокинон мегўянд, ду рўзе, ки барќ гирифтанд, њатман масъулин онро "љуброн" хоњанд кард. Ба гуфтаи онњо дар гузашта низ бисёр шоњид будаанд, ки баъди аз меъёр зиёд гирифтани барќ њатман соатњои тўлонии бебарќиро пушти сар мекарданд. Њамин рўзњо низ баъди ду рўзи бе меъёр барќ гирифтан, ба назар мерасад, ки дар рељабандї "таѓйирот" ворид шудааст, яъне соатњои бебарќї дар ќиёс ба дањ рўзи пеш зиёдтар шудаанд… Лимит љои дардноктарини њар сокини Тољикистон аст. Њатто Душанбегињо њам аз "шањд"-и рељабандии барќ бенасиб набуданд. Истиќоматкунандањои пойтахти Тољикистон на як шабу ду шаби сарди зимистонро дар хонањои бетонї ба рўз бурдаанд. Бо далели ќатъ шудани барќ ба њалокат расидани кўдакони навзод дар таваллудхонањо аз дањшатбортарин хотирањои бебарќии шањри Душанбе дар солњои ќаблї мебошад. Рељабандии барќ ќариб њамсоли истиќлолияти Тољикистон аст. Беш аз 15 сол аст, ки бо расидани фасли сармо дар ќаламрави кишвар лимит љорї мешавад. Имсол, аниќтараш соле ки гузашт, њукумати кишвар 12-уми октябри соли 2011 мањдудияти интиќоли барќро љорї кард. Он ваќт гуфта мешуд, сокинон дар шабонарўз то 10 соат бо барќ таъмин хоњанд буд, аммо шикояти мардум далели он аст, ки лимит риоя намешавад. Дар сўњбат бо "Озодагон" сокинони минтаќањои мухталифи кишвар гуфтанд, ки хело кам иттифоќ афтода, ки 10 соат барќ гирифта бошанд. Ба ќавли онњо, курсинишинони шабакањои барќи ноњияњо њар замон ки дилашон хоњад, барќро рушан ва ё хомуш мекунанд. "Бо ин иллат дастгоњхои барќии гаронарзиш аз ќабили телевизор аз кор мемонанд",-мегўянд онњо. Зимнан, мутахассисон њам таъкид мекунанд, ки зиёд хомуш ва фаъол кардани нерўи барќ ба кори трансформаторњо зарар мерасонад.

Лимити дањсоатаи барќ дар њоле риоя намешавад, ки соли гузашта нахустин агрегати нерўгоњи "Сангтўда-2" мавриди истифода ќарор гирифт ва тибќи хабарњои расмї беш аз 25 нерўгоњи хурд дар саросари кишвар ба кор оѓоз кардаанд. Дар дањсолаи охир сокинони кишвар танњо аз зимистоне, ки гузашт хотирањои хуше доранд, њарчанд давоми он боз рангњои сиёњеро рўи рўзгори онњо кашид. Ба хонадони мардуми ба бербарќињои тўлонї дар сардињо одаткарда зимистони соли 2010-11 њудуди 10 соатї барќ равшанї кард. Ин дар њоле буд, ки дар гузашта лампањо барои 2,3 ва баъзан 4 соат рушан мегардид. Ваќте дар аввалин рўзњои бањорї эълон шуд, ки лимити барќ тамоман аз миён бардошта мешавад, мардум мисле, ки кузаи зар ёфта бошанд, хурсандї мекарданд. Аммо ин хурсандї чандон тул накашид. Мардум дигарбора дар ѓори бебарќї дармонданд. Он замон дар якбора љорї шудани лимити шадиди барќ масъулин обро гунањкор карданд. "Сатњи об дар рудхонаи Вахш ба њадди нигаронкунанда коњиш ёфтааст",бо сароњат хабар доданд онњо. Аммо ин далел барои сокинон ва бархе коршиносон шубњабарангез намуд ва онњо суол мекарданд, ки "чї гуна имкон дорад, ки давоми њамагї чанд рўз сатњи об то дараљаи ташвишовар коњиш ёбад?" Расидан ба истиќлолияти энергетикї яке аз се њадафи стратегии Тољикистон унвон мешавад. Аммо соли љорї њам, ки њарчанд аввалин рўзи онро то нимашабї бидуни рељаи барќ сипарї кардем (мегўянд соли навро чї гуна, ки пешвоз бигирї 12 моњ њамон хел сипарї мешавад) ва соли равон соли нањанг аст (таври маълум нањанг обро мепарастад ва мушкили бебарќињои Тољикистон ба камбуди об нисбат дода мешавад), моро ба он намерасонад, зеро агар ба суханњои рањбарони кишвар бовар кунем, барои расидан ба истиќлолияти энергетикї се соли дигар бояд мунтазир буд. Ин њам дар њоле, ки њамин гуна ваъдаро панљ сол ќабл низ дода буданд. Ба ќавли рањбарон танњо бунёди НБО "Роѓун" мардуми тољикро аз мушкили алими бебарќї мерањонад, вале таври маълум Ўзбакистон ба сохтмони ин нерўгоњ шадидан мухолиф аст ва коршиносони бонки љањонї њам, ки ташхиси фаннии онро бар ўњда доранд, мўњлати ташхисро барои шаш моњи дигар ќафо партофтанд.

рўзнома -и Азизи НАЌИБЗОД

Ѓафлат Тољирони мављгирњои моњвораї, ки дар кишвари мо тиљорати мувваффаќ доранд, бояд худро мадюни шабакањои телевезионии Тољикистон шуморанд. Зеро њар ќадар мављгирњои эшон бештар ба фурўш равад, ин далеле рўшан аз заъфи телевизионњои Тољикистон аст. То замоне ки телевизионњои Тољикистон барномањои якрангу якнавохти пур аз тавсифу таърифи бењуда ва аз назари касбї сустро пешкаши тамошогарон намоянд, тиљорати мављгирњои моњвораї дар ављ хоњад буд. Телевизионро ба оина ташбењ намудаанд, аммо телевизионњои Тољикистон оинасон амал намекунанд. Оина дар баробари инъикоси њусн ќубњро низ акс менамояд. Оинаи телевизионњои мо њеч норасоиву камбудиро нишон намедињад. Мо аз телевизионњои Тољикистон танњо васфи сиёсатњои хирадмандона ва дастовардњои бемислу беназирро мешунавем. Ин тавсифњо дар соли 2011 аз њадди ифрот њам убур намуд. Ба хусус дар охири сол чун анъана телевизионњои мо танњо аз дастовардњои беназири сол батакрор гуфтанду гуфтанд. Дар њоле, ки журналистикаи муосир яктарафа нишон додани мавзуъро ќабул надорад ва барномањои якљонибаро ѓайрињирфаї мешуморад. Шабакаи аввали телевизиони Тољикистон соли гузаштаро соли дастовардњои бенизир хонда, аз 10 њазор гектар замин људо намудан аз њисоби заминњои чарогоњ ва лалмї ба оилањои ниёзмандро аз љумлаи дастовардњои соли мазкур мехонд. Мутаваљљењ шудед? Замини мардумро ба худи мардум додан дастовард будааст. Оё дар дигар давлатњо ба ањолї замин намедињанд? Оё њукуматњои дигар кишварњо мардумашонро ба њоли худ дар кўча мегузоранд? Охир њамин мардуми ниёзманд бист сол аст дар талаби порчаи замин дари њокимонро ба ќавле "охурча" кардаанд. Дар ин бист сол ниёзманди бистсола чилсола шуд, агар пас аз бист соли оворагї соњиби порчаи замине он њам лалмї шудааст, магар дастовард аст? Дар ин бист сол раису раисчањо њазорњо гектар замини обии миллатро ѓайрирасмї ба савдогарону мансабдорон фурўхтанд. Беш аз ин, њанўз њам наметавон иддао кард, ки њамаи ниёзмандон соњиби замин шуда бошанд. Њанўз садњо оилањо пушти дари раисон дар интизори замин ранљи интизорї мекашанд.

“ ” “ ”

Агар ба соњибони аслии њамин замин барои сохтани манзил људо намудани як порча замин дастовард бошад, садњо гектар хоки ин Ватани азизро беминату ройгон ба кишвари Чин бахшиданро чї гуна шарњ дињем? Воќеан ин њодиса дар њамин соли "пур аз дастоварди 2011" ба вуќўъ расид. Њарчанд ин сол дар њаќиќат нисбат ба солњои дигари мустаќилии Тољикистон дастовардњое доштем, мисли бунёди Китобхонаи миллї, аммо бохтњои бузургеро пушти сар намудем, ки бархеаш мисли доѓе дар ќалби миллат ба таври абадї хоњад монд. Минљумла ќазияи бахшидани замин ба Чин ба њеч навъ тављењ намешавад. Агар телевизионњои Тољикистон минбаъд низ аз усули таърифу дастовардљўї кор бигаранд, амалашон танњо ба суди тољирони мављгирњои моњвораї хоњад буд. Дигар њеч.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

8

МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА Руљўи аввал Худованд дар Ќуръон њамаи гуноњонро якояк баршумурдааст ва аз ин миён њукми Худованд нисбати онњое, ки њаќиќат ва адолатро поймол кардаанд, ќотеъ аст. Воќеан њам ин тоифа бадсират ва бадсуратанд ва агар ба аъмоли зикр шуда, ки халќи Худоро дар ѓафлат нигоњ медорад даст зананд, табдил додани сурате аз аввала зишттару хунуктари эшон ба сурати дигарї дар миён аст: яъне Худованд ононро (хоњ зану хоњ мард) ба шакли њайвонот дар меоварад. Чунончи, ѓоратгарро ба шакли сустмор, мутакаббирро ба сурати зоѓ, моли мардумхурро ба гунљишк. Онњое, ки халќи Худо ва љомеаро ба кулфатњои моддиву маънавї гирифтор карданд, ба чї сурате дархоњанд омад?...

Њукумати беэътибор Мардуми мо аз ќадим ба њар чизи катбї эътиќоди хос доштанд. Китобро њеч кас хор намедошт, балки вараќи чопии дар замин афтодаро мисли нонреза бардошта, рўи тоќ мегузошт. Њарчанд рўзноманигорї дар таърихи фарњанги мо таљрибаи тоза буд, вале тафаккури воќеанигорї собиќае дошт. Аз замони устод Рўдаки ба баъд адибону муаррихони мо ба воќеияти зиндагї назари мўшикофонае доштаанд ва ба ин васила бар авзои њоким бар муњити љомеа таъсир низ гузоштаанд. "Сафарнома"-и Носири Хусрав намунаи шинохти њаќиќатнигоронаи њаводиси сиёсї ва иљтимоии замони муаллиф аст. Рўзномаи тољикї, ба маънои томаш, ибтидои асри гузашта ба вуљуд омад ва имрўз љузъи мустаќил ва таъсиргузори фарњанги љомеа эътироф шудааст, ки аз он ба унвони "Њукумати чорум" низ ёд мекунанд. Дар замони истиќлол зоњиран чунин ба назар мерасад, ки ин њукумат истиќлол ва њуввияти бештаре ба даст овард. Вале дар асл воќеият ба сурати дигар љараён мегирад. Назари дунёи мутамаддинро ба наќш ва љойгоњи матбуот дар љомеа суханони зерини Љефесон хеле даќиќ ва равшан ифода мекунанд: "Агар маро махайр кунанд, ки дар кишварат давлат бидуни рўзнома ва ё рўзнома бидуни давлат бошад, бетардид дуввумиро интихоб хоњам кард." Вале, мутаассифона, дар муњити мо андешаи Љеферсон роњ намеёбад. Далел раванди фишор болои рўзноманигорон, ба додгоњ кашидани рўзномањо ва муаллифони алоњида ё худ пинњону ошкор љустуљўи муаллифи ин ё он маќолае, ки бо имзои мустаор чоп шудааст ва пайгирии баъзе нафарони гумонбар дар нашри ин ва ё он маќола мебошад, ки тадриљан њодисаи муќаррарї мегадад ва ин њодиса заминаи устуворро барои хунсо кардани дахолати рўзноманигор дар масоили доѓи рўзгори љомеа муњаё месозад ва табиист, ки барои пешрафти љомеа низ монеаи љиддї ба вуљуд меоварад. Онњое, ки замони Шуравї дар матбуот кор кардаанд, аз

таъсир ва нуфузи рўзномањо дар њаёти љомеа хуб огањанд. Њатто як маќолаи танќидии одї дар сатњи олї муњокима ва чораљўї мешуд. Дар асоси маќолаи рўзнома парвандаи тафтишотї боз мегардид ва аксаран њаќ ба њаќдор мерасид. Њарчанд он замон низ фишори шахсиятњои људогона бо маќсади њифзи нуфузашон болои рўзномањо ва рўзноманигорони људогона истисно набуд, вале дар маљмўъ ин њукумат назди давлат ва љомеа эътибор дошт. Агар хотирам фиреб надињад ёд надорам, ки рўзномае ё рўзноманигореро барои маќолаи танќидї ба додгоњ кашида бошанд. Мутаассифона, дар рўзгори мо ин њукумат, ки њадафи аслиаш мусоидат ба пешрафти давлати миллї ва љомеаи пешрафта аст, дар назди низом чандон иътибор надорад. Аввалин маќолаи танќидие, ки нашр мешавад, чунин пурсишро дар пай дорад: муаллиф кист? Касе ба

ро дар назди факултети рўзноманигории Донишгоњи миллї рањо кардан чї маънї дошт. Ин гуна таљрибањоро таърих зиёд дидааст, вале номи љабборонро мардум зуд аз ёд бурдаанду исми ќурбониёнро њифз кардаанд. Лабони шоири озодаи њаќгўи Ирон Фаррухии Яздиро духтанд, Амири Кабирро барои ислоњотхоњиаш ва ростиаш дар њаммом гудохтанд, боз њам кї? Падарарусаш! Вале ин ду шањид њамчунон зинда ва таъсиргузоранд. Аз фаъолиятњои ислоњотхоњонаи ду рўзнома- "Тољикистон" (сармуњаррираш Насруллоњ Асадуллоев) ва "Мизон" касе ёд намеоварад. Њол он ки ин рўзномањо нахустин чарахаи матбуоти озод буданд, ки дар давраи басо мураккаб бо беадолатињои моддиву маънавї даст ба гиребон буданд. Вале ман гумон намекунам, ки Мухтор Боќї бо "Нерўи сухан" ва Раљаби Мирзо бо "Рўзи нав" барои љомеа хатаре

низ дар тасаввури баъзењо айб ба гардани Мухтор Боќист. Гапгапаст, ки агар ў ин маќоларо чоп намекард, њоло кайф карда мегашт. Вале Мухтор Боќї ба воситаи рўзномааш як сањнаи бисёр њам хандахези амалу кирдори баъзе маќомдорони ноњия ва љумњуриро дар сафањоти таърих абадан сабт кард. Дар маќолањое, ки ў нашр карда буд, сухан аз он мерафт, ки чаро дар ноњияи Айнї якбора номњои Абдурањмони Љомї ва Абдулќодири Бедилро аз пештоќи мактабњои дењањањои Хушекат ва Дарѓ канда партофтанд. Ва якеро ба номи Шоисмат Њасанов- хусури њокими онваќтаи ноњия М. Бобоева ва дигареро ба номи Наврўз Восеев- бародари он ваќт Мушовири калони Президенти Тољикистон Ќурбон Восеъ мусаммо карданд. Хуб, фарз кардем, ки Бедил як шоири турктабори маљзуб буд ва байтњои зеринаш-

мо љойгоњ надоштани ў бошад, пас сабаби ба љои Љомї баргузидани исми як инсони одї чї ваљње дошт?! Ин ќабил мисолњоро фаровон метавон наќл кард, ки бояд нанги љомеаи мо бошанд. Раљаби Мирзо ба касе хусумати шахсї надошт. Вале ба сару рўи ў чандбор заданд, то њастиашро фаромўш кунад ва мисли баъзењо чандрўя шавад. Сарнавишти ахири Њ. Сайфуллозода низ аз ин рангбозињо људо нест. Ўро зарбу лат карданд ва боз гуфтанд, ки худаш ташкил кард. Сонењае, ки ба сари Хуршеди Атовулло омад, низ ба раванди номатлуби њаводис њадс мезанад. Дар ин њол танњо метавон тамсили улулуро, ки душмани озодист, ба миён кашид ва аз забони шоири Эрон Сайид Ашрафуддин Њусайни Ќазвинї (Насими Шимол) рўзноманигоронро насињат кард: Махур аз бањри Ватан оњу афсўс,

Њаќиќат ва адолатро м Њељ сўњбат макун аз тозаарўс, Бигзар аз марњалаи мурѓу хурус, Сўњбат озод макун, улулў меёд, Бачаљон, дод макун, улулў меёд. Аз бузургон њама танќид макун, Ёд аз Рустаму Љамшед макун, Аз Ватан ин њама тамљид макун, Васфи аљдод макун улулў меёд, Бачаљон, дод макун, улулў меёд. Сари шаб то ба сањар бода бинўш, Бодаро бо санаме сода бихўр, Њарчи дар суфра бишуд омода бихўр, Фикри меод макун, улулў меёд, Бачаљон, дод макун, улулў меёд.

"Алифбо"-и

юѓан…" ва каљдору марези дигар

моњияти масъалањои дар маќола гузошташуда таваљљўњ намекунад, дар њељ зинае он маќола муњокима ва арзишёбї намешавад. Фаќат тавањуми шахсияти муаллиф доирањои манфиатхоњро ба ташвиш меовараду бас. Фарз кардем, ки ќатли Муњиддин Олимпур ба фаъолияти рўзноманигориаш рабте надошт. Вале ўро дар рўзи равшан аз дањонаш паронда, љасадаш-

эљод карда бошанд. Аслан сари Мухтор Боќї ва Раљаби Мирзоро рўзномањояшон, фаъолияти мустамари њаќталошиашон хўрд. Њанўз њам тааљљубзада њастам, ки чаро нашри маќолае дар рўзномаи "Нерўи сухан " дар боби таѓйири номи мактабњо ба хотири хешу табори афроди мансабдор, он рўз ва имрўз низ пинаки њељ касро напаронду намепаронад? Вале он рўз ва њоло

Ин давр даври њез аст, вазъи матин кї дорад? Боди бурути мардї ѓайр аз сурин кї дорад? Осори њаќпарастї хатм аст бар муханнас, Ѓайр аз дубурсириштон сар бар замин кї дорад? Азбаски давр гардун, гардонд таври мардум, То пушт барнатобад, барзан яќин надорад?Далели дар муњити маънавии

Аслан Вазири маориф њаќ дорад аз рўзноманигорон ранљад. Охир, њамин тоифа буданд, ки ваќте ў Раиси комитети радио ва телевизион буд ва аз кормандони ин муассиса иншо гирфт, эътироз карданд. Эътироз нодуруст буд, зеро Вазир медонист, ки муњити мо пур аз бесаводњост. Бубинед, ин њаќикатро он ваќт баъзе рўзноманигорон нодида гирифтанд. Ман он ваќт ва њоло низ тарафдорам, ки дар паси дари њар идорае нафареро гузоранд то саводи онњоеро, ки ба кор даромаданиянд, бисанљад, пеш аз он ки аризаи ќабули онњо имзо шавад. Масалан агар Худо накарда


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

9

МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА

ро масх мекунанд? (Бехгўшї ба Вазири маорифи Тољикистон Абдуљаббор Рањмонов)

ман Вазири маориф шавам, аввал "аъзоёни коллегияи Вазорати маорифи ЉТ"-ро, ки соли 2002 ба нашри китоби дарсии "Адабиёти тољик" фатво додаанд, љамъ карда иншо мегирифтам. Чї, мавзўъашро мепурсед? Албатта дар мавзўи "Повестњои Ф. Муњаммадиев "Таркише, ки ба вуќўъ напайваст" ва "Бибї- Зайнаб". Баъди ин боз аз "Њайати мушовараи Вазорати маорифи ЉТ", ки соли 2008 китоби "Адабиёти тољик"-ро барои синфи 7 такроран "ба чоп тавсия" кардаанд, дар мавзўи зикр шуда иншо мегирифтам. Бовар дорам, ки агар имрўз њам Вазир бошаму њамин корро кунам, њељ кадоме аз аъзоёни коллегия ва њайати мушовара дар ин мавзўъ иншо навишата наметавонанд. Чун ки Ф. Муњаммадиев чунин асарњо надорад. Бале, корњои мо ба њамин дараља музњиќ аст, азизон! Нависандаи забардасти мо Ф. Муњаммадиев бо номњои "Тири хокхўрда" ва "Ќиссаи Зайнаббибї" повестњо дорад, ки аввалї ба русї бо номи "Взрыв которого не было" ва дуввумї тањти унвони "Биби- Зайнаб" тарљума ва чоп шудааст. Муаллифони шермарди китоби дарсии "Адабиёти тољик", ба гумони ман матни тарљумаи њоли нависандаро аз китоби русии "Писатели Таджикистана" тарљума кардаанд ва ба ёдашон нарасидааст, ки китоби "Нависандагони Тољикистон" ба забони тољикї низ вуљуд дорад. Мутаассифона, он чи дар замина гуфта шуд, мисо-

ли ягона нест. Дар боби "Алифбо"-и юѓан…" ёдам нест, касе таќризи муфассал чоп карда буд, ки бештар аз он метавон ин китобро интиќод кард. Вале њоло банда наметавонам аз мушкиле, ки ин китоб ба сари фарзанди мактабхони мо овард, њарф назанам. Китоб бо он њаљме, ки нашр шудааст, њатто дар сумкаи мактаби намеѓунљад. Хайр, ин њам як бало, бечора бача дар таги кашаш ба мактаб мебараду меорад, вале бо ин ва юѓан пуѓан ин алифбо ислоњ намешавад. Њоло њама чизро фурў гузошта, таваљљўњро танњо ба сурати китоб љалб мекунам. Рўи китоб, хоса "Алифбо" бояд дар њукми сурати инсон бошад, ки ќарор аст хонандагон бо он њамсўњбат шаванд. Дар ин њол сурати инсон дар њукми њуввияти тасвир аст. Аз назари график тамоми шаклњо ва навиштањо дар чунин китобе бояд дар њукми як тасвир бошанд. Барои ин гуна китоб њуруф низ дар њукми тасвир аст. Њуруфњо пеш аз он ки хонданї бошанд, диданї њастанд. Барои тафсири аќлраси ин масъала ёддошти як тасвиргари Љопонї ќобили мулоњиза аст: ин тасвиргар, ки хатти форсиро намешинохтааст, доир ба њамаи шаклњои њуруф изњори назар карда ва гуфта, ки њар намуди хат баёни хоси равоншиносонаи графикї дорад. Дар таљрибаи нашри ин гуна китобњо њатто њамсояњои дуру наздики мо таљрибаи судманд андўхта-

анд. Масалан, истифода аз њуруфи "пур" ва "тињї" дар мавриди лозим, ки яке бо намоиши сангинї ва ќудрати зиёд муаррифи истењком ва даруннигарист ва дигаре бо баёни камвазнї ва сабукї муаррифи парвоз, рањої ва буруннигарист, дар нашри китоби "Алифбо" арзиши аввал дорад. Дар ин маврид риояти андоза ва таносуби њуруфро низ наметавон нодида гирифт. Њарф дар "Алифбо" аз нигоњи эљоди љозиба ва афзудани мизони шавќи мутолиа бояд интихоб ва сабт шавад. Њамин андешаро дар мавриди интихоби ранг низ метавон гуфт. Масалан, гуфтаанд, ки "ранги сурх ранги хун аст, ки аз ман ба ман наздиктар аст." Ин њарф ишора дорад ба ќудрати фавќулода зиёди ин ранг дар љалби таваљљўњи дигарон. Соњибназарони соња низ ба ин назаран, ки ранги сурх аз нигоњи физикї дорои тўли мављи болост ва тамошои он њатто дар лањзаи кўтоњ метавонад заррабони ќалбро ташдид карда, эљоди њаяљон ва иштиёќ намояд. Таносуби рангњо дар "Алифбо" магар беањмият аст? Њар рангро дар навишти њуруф рўи кадом замина (ранг) бояд наќш кард, то роњат шинохта, хонда, дарк ва ба ёд супорида шавад. Дар ин маврид дастандаркорони тарсими намуди зоњирии ин китоб суханони зерини А. Тарковскийро бояд дар назар мегирифтанд: "Дарки як асари зебо барои мо мумкин нест ва танњо метавонем онро њисс кунем".

Китоби "Алифбо", пеш аз њама бояд тобеи ќонуни зебошиносї бошад, вагарна њеч аст. Сўњбат сари мазмун ва мўњтавои ин китобро ба ваќти дигар гузошта, њодисаи дигарро, ки њам барои давлат ва њам барои хонандагони хурдсол паёмади ногувор дорад, зикр накарда наметавонам. Дар яке аз мактабњои шањр (шояд дар мактабњои дигар низ) ба хонандагони синфњои ибтидої китобчаеро бо номи "Сайќали фикр" ба арзиши 5 сомонї фурўхтаанд. Муратиби он И. Асоев буда онро Шўрои методии Маркази љумњуриявии таълимию методии назди ВМЉТ бо ќарори №2 аз 12.07.2010 ба чоп тавсия намудааст. Ман дар бораи забони хароби ин "китобча" чизе намегўям, зеро фаќат муќаддимаи он маќоли ранг бину њол пурсро таъйид мекунад. Вале аз дастандаркорони аршади соња мепурсам, ки оё онњо ба фарзандони хурдсолашон иљоза медињанд, ки њамин гуна музахрафотро хонанд. Ман намедонам мураттиби "китобча" чї ихтисос дорад, вале аз кори анљомдоаш маълум аст, ки вай масъулияти маслињатгари методиро дар забон, математика ва њатто шеъру шоирї ба ўњда гирифтааст. Мо дар бораи ин "китобча" зиёда аз ин чизе нагуфта, фаќат аз муаллиф ва масъулин пурсиданием, ки оё ин "китобча" воќеан њам "љињати татбиќи раванди ислоњоти маориф барои хонандагони синфњои ибтидої(?) кўмаки амалї хоњанд (?) расонд"? Агар ња, чї гуна? Охир, дар тавзењоти њуљљати расмии Вазорати маориф "Наќшаи таълимии намунавии мактабњои тањсилоти умумии ЉТ" ва барномаи таълимї њадфи таълими ин ё он фан дар синфњои ибтидої сарењан муайян шудааст- ку? Саволи дигар боќї мемонад: агар ин "китобча" барои "хонандагони хурдсол" пешбинї шуда бошад, оё мураттиб ва онњое, ки аз њисоби хазинаи давлат онро нашр намудаанд ва имрўз аз он судљўї мекунанд, боре андешидаанд, ки аз назари равоншиносї, ахлоќї ва педагогї ин китоб коршоям аст ё на?! Њамин гуна китоби дигаре бо номи "Маљмўаи имло барои синфњои ибтидої" ба даст расид, ки барои омўзгорон тавсия шадааст. Муаллифони ин дастур И. Уроќова ва М. Азизова бо тањияи матнњо барои саводомўзї дар синфњои ибтидої дониста надониста хидмати хирсонае кардаанд. Мо дар бораи мазмун ва моњияти матнњои пешнињодшуда, ба талаботи методї мутобиќ будан ё набудани онњо алњол чизе намегўем. Фаќат барои собит кардани то куљо ба љараёни саводомўзии хонандагони синфњои ибтидої ёрирасонидани ин дастур аз матни имлои санљишии "Роњи Помир" чанд љумларо иќтибос меоварем: Фаќат дар замони соњибистиќлол гаштани Ватани мањбубамон ин орзўи онњо амалї гардиданд(?). Роњ ба одамони вилояти Бадахшон ва водии Рашт њаёти боз њам хуб (?) онњоро сари ваќт овард (?) Бинобар ин халќ ба сохтани роњ (?) бо ѓайрати зиёд мењнат намуда ва сари ваќт (?) бо муваф-

фаќият (?) ба истифода доданд (?) Орзўи ањолии кўњистон мањз бо дастгири (?) ва кўшишњои зиёди савари давлатамон Эмомалї Рањмон амалї гардиданд(?) Акнун сухан ба шумост, сарварони азиз, ин дастури пурхато оё ба фарзандони мо савод меомўзад? Тасаввур мекунед, ки агар муаллими бечора ба хатоњо сарфањм наравад, кор ба чї меанљомад? Саволи дигаре њам њаст: чаро ва то кай мо барои китобњои дарсии забон ва чунин дастурњое аз матнњои худсохта, тарљумазада ва ахбори рўзномаву маљаллањо истифода мебарем? Оё адабиёти беш аз њазорсолаи мо матни сазовори забономўзї надорад? Магар "Гулистон"-и Саъдиро бало задааст? Ба осори Айнї чї шуд? Мо дар боло доир ба китоби "Адабиёти тољик" барои синфи 7 ишораи кўтоње доштем. Агар бањсро дар боби нуќси китобњои дарсии адабиёт идома дињем бояд чандин љилд коѓазро сиёњ кард. Дар ин боб чандсол пеш доир ба баъзе аз ин китобњои пурхато мулоњизањоямро ба Вазири мўњтарам пешнињод карда будам. Вале он китобњо мисли њамон китоби синфи 7 њанўз њам ба њамон сурату сират нашр мешаванд. Шояд дар такя ба маќоли саг аккос мезанад, корвон меравад. Вале ба умеди он ки орзў замингирамон накунад ин њарфњоро навиштам ба умеди зери чатри маърифат якдилу яксадо шудан… Ва рафта- рафта ќашав аламдор нашудан.

Руљўи охир Овардаанд, ки рўзе Хусрав дар боргоњ менишаст ва аз кўча садое ба гўшаш расид, ки мегуфт: Се њикмат мефурўшам дар ивази њазор динор. Оё хоњишманде њаст? Бифармоед? Шоњ фармуд, ки њикматфурўшро њозир кунанд ва чун њозир карданд гуфт: Баргўй! Гуфт: На хайр, нахуст динорњоро омода кун ва пасон хоњї шунуфт. Ва чун динорњоро омода карданд гуфт: Њикмати нахустини ман ин аст: дар мулки ту як нафар одами дурусткор ёфт намешавад. Ва њикмати дуввум ин аст: Њарчанд њама одамон чунинанд, ту наметавонї аз онњо иљтиноб варзї ва аз муомила накардан бо онњо чора надорї. Ва њикмати севвум аз ду њикмати пешин бармеояд: Шоњ бояд андозаи бадиеро, ки дар нињоди одамон нињон аст бидонад, то ба андозаи бештар ё камтар аз онњо дурї љўяд. Шоњро њикматњо писанд уфтоданд. Ў њакимро бисутуд ва фармуд, ки њазор динорро ба ў бидињанд. Аммо њаким диннорњоро напазируфт. Шоњ гуфт: Шигифто, пас барои чї ин ќадар бо исрор онњоро талаб мекардї ва њатто дархостї, ки онњоро пешакї омода кунем? Гуфт: Ман ќасд кардам биозмоям, ки оё дар рўзгори мо боре як нафар пайдо мешавад, ки њикматро ба зар харидорї кунад.

Сањобуддин Содиќи АМИНПУР


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

10

ТАЗОДИ ЊАФТА

Як ќазоќ маоши њафт тољикро мегирад Маоши миёна дар Ќазоќистон нисбат ба маоши миёнаи ањолии Тољикистон 7 баробар зиёд аст. Чунин маълумот дар сайти Mojazarplata.kz дарљ ёфтааст. Ба иттилои ин манбаъ соли 2011 маоши миёна дар Ќазоќистон ба 600 доллар баробар шудааст, ки ин нишондињанда дар Тољикистон аз 100 доллар пойинтар аст.

Чунин ба назар мерасад, ки руасои кишварњои минтаќаи Осиёи Марказиро иќтисодиёти кишвар ва машѓулияти љавонон дар соли 2012 бештар ба ташвиш меорад. Ин аст бардошт пас аз мутолиаву муќоисаи барќияњои шодбошии руасои кишварњои мантаќа. Дар арафаи соли нави мелодї чун анъана рањбарони кишварњои Осиёи Марказї барои мардуми худ барќияњои шодбошї фиристоданд. Барои гурўње ирсоли барќияи шодбошї нахустин ва барои гурўњи дигар ин мурољиати шояд охирин бошад.

Буйи бањори арабї дар сармои Осиёи Марказї? (!) Њумайрои БАХТИЁР

Исфандиёр ХАЛИЛЇ Дар минтаќаи Осиёи Марказї маоши миёнаи ањолии Ќазоќистон аз њама баланд њисобида мешавад. Аммо маоши миёнаи ањолии Русия дар як моњ 805 доллари амрикоиро ташкил медодааст, ки аз маоши миёнаи ањолии Ќазоќистон 35 дар сад зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки аз њама пасттарин маоши миёна дар минтаќаи Осиёи Марказї њанўз њам ба ањолии Тољикистон рост меояд. Масалан, дар Озарбойљон маоши миёнаи ањолї дар моњ 440 доллар аст ва дар Ўзбакистон ин нишондињанда 326 доллар баробар мебошад. Дар Ќирѓизистон бошад маоши миёнаи ахолї ба 210 доллар мерасад, ки ин беш аз як маротиба нисбат ба маоши миёнаи ањолии Тољикистон зиёдтар аст. Аз рўи як назарсанљие, ки созмони амнияту њамкории Аврупо дар нимсолаи соли 2011 дар байни 3 њазор сокини Душанбе гузаронидааст, чунин натиља ба даст омадааст, ки 51 фоизи ањолї иљоранишинанд ё ин ки хонаи шахсї надоранд, танњо 10 фоиз компютер доранд. Намояндаи ин созмон Тањмина Маљидова иттилоъ дод, ки дар Тољикистон даромади 46,7 %-и ањолї дар як моњ 43 долларро ташкил медињад, ки инњо камбизоат њисобида мешаванд. Дар байни 3 њазор сокини Душанбе даромади миёнаи нафарони аз 20 то 56 сола дар як моњ аз 200 то 1500 долларро ташкил медињад, ки аз ин 70 %аш ба хўрок сарф мешавад. Дањ фоизи даромади онњо барои бењтар кардани сатњи зиндагї сарф мешавад ва танњо 1 % ба

"рўзи мабодо" људо карда мешавад. Дар њамин њол њукумати Тољикистон эълон медорад, ки давлати иљтимоием ва 50 дар сади маблаѓи буљет ба соњаи иљтимої сарф мегардад. Вале бо ин њама аз рўи тањлилњо бармеояд, ки на танњо ањолии ниёзманд, балки дигар кормандони ќаторї њам дар Тољикистон чандон вазъи хубе надоранд. Собиќ вазири иќтисод, Давлати Усмон бар ин назар аст, ки баъд аз касби истиќлол њолати иљтимоии аксарияти ша?рвандон хусусияти манфиро касб кардааст. Расман дар бештари маворид њуќуќи истифода аз гирифтани ёрии тиббии ройгон ва ё омўзиши маълумоти миёнаи мактабї гўё вуљуд дорад, аммо дар асл он бе пардохти маблаѓи муайян ба тариќи ришва ва ё ба сурати бахшиш амалї намешавад. Яъне сохти иљтимої иваз шуд, вале дар баробари ин механизми зарурї барои њифзи њуќуќњои иљтимоии шањрвандон дуруст ба ро? монда нашуд. Дар љомеањои сармоядории пешрафта дар баробари ќавонини иљтимоии давлатї боз дањњо ташкилоти ѓайридавлатии фаъол аз њуќуќи шањрвандон њимоя менамоянд, вале дар Тољикистон вазъи соњаи иљтимої нигаронкунанда аст ва нафаќахўрон аз боло бурдани синну соли нафаќабарої нороњатанд. На танњо моњонаи ањолии ниёзманд, балки маоши олимону кормандони соњаи буљетї низ дар ќиёс бо дигар кишварњо хеле паст аст. Масалан, дар Озарбойљон маоши миёнаи духтурон 220 доллар аст. Дар Белоруссия духтурон 246 доллар ба њисоби миёна маош мегиранд ва дар Русия 502 доллар. Дар Испания маоши миёнаи духтур 1730 доллар аст. Вале дар Тољикистон маоши расмии кормандони соњаи тиб хеле паст аст. Тибќи маълумотњо маоши духтурон

дар Тољикистон ба њисоби миёна њудуди 300 сомониро ташкил медињад. Аммо дар Афѓонистони љангзада як табиб дар як моњ 400 доллар маош мегирад. Дар Русия њукумат барои намояндагони илм имтиёзњои зиёде додаст. Аз љумла, ахиран ганорари академикњоро аз 20 њазор ба 50 њазор рубли русї боло бурд, ки наздик ба ду њазор доллари амрикоиро ташкил медињад. Барои академикњои љавоне, ки хона надоранд, Академияи илмњои Русия то 1,5-2 њазор хонањои арзонро ба иљора дода, баъди 5 соли фаъолият бо арзиши аслї ба онњо мефурўшад. Аммо дар Тољикистон хона додан як сў истад, академики шинохта Муњаммадљон Шакурї борњо барои иваз кардани хонааш, ки дар ошёнаи якум ва намзада буда, ба хонае дар ошёнаи дуввум мурољиат кард, аммо гўши мурољиатшунав пайдо нагашт, ки билохира барои гузаронидани зимистон ба хонаи писараш ба хориљ сафар намуд. Дар ноњияи Рўдакї бо яке аз собиќ кормандони академияи илмњо вохўрдам, ки кайњо тарки касб карда, ба заргарї машѓул аст. Ў гуфт, ки баъди љанги шањрвандї аз кор рафт ва пас аз чанд сол дубора даъват шуд, аммо аз сабаби маоши ночиз кор кардан нахост ва ба заргарї машѓул гашт. Дар 20 соли охир мутобиќи маълумоти Бонки љањонї Тољикистон дар миёни кишварњои собиќ Иттињоди шўравї бо рост омадани њаљми маљмўи мањсулоти дохилї ба андозаи 750 доллар бар сари њар нафар аз фаќиртарини онњо дониста шудааст. Эстония бо 19 њазору 100 доллар бар сари ањолї аз њама муваффаќтарин кишвари собиќ шўравї шуморида шудааст. Мувофи?и омори охирин њаљми ММД бар сари ањолї дар Ќирѓизистон ба 1950 доллари амрикої афзоиш ёфтааст.

Алмосбек Отамбоев, раиси љумњури Ќирѓизистон, ки барои бори аввал ба мардуми худ мурољиат намуд, дар ќиёс бо суханронии дигар њамтоёни худ як каме њассостар ва ё самимитар ба назар мерасад. Љаноби Атамбоев ба мардуми худ бо ибораи "Азизони ман" мурољиат карда, гуфт, ки мардуми Ќирѓизистон соли 2012-ро бо умед ва боварї бар зиндагии бењтар пешвоз мегиранд. Вазифаи рањбарияти кишвар бароварда сохтани њамин интизорињои мардум мебошад. Тамоми мардуми ќирѓиз бояд як њадаф дошта бошад: бењтар кардани вазъи зиндагии мардуми оддї ва бо љойи кори арзанда таъмин намудани љавонон. Дар муќоиса бо Алмосбек Атамбоев Ќурбонгулї Бердимуњамедов, раиси љумњури Туркманистон хеле расмї мурољиат намуд: "Дўстони мўњтарам, тавре шумо огоњї доред, 12-уми феврали соли 2012 интихоботи президентї баргузор мегардад. Мо боварї дорем, ки ин интихобот дар сатњи олї ва бо ширкати фаъоли шумо доир мегардад. Њамзамон интизор меравад, дар соли 2012 Ашќобод мизбони њамоишњои кишварњои пасошўравї бошад". Нурсултон Назарбоев, раиси љумњури Ќазоќистон зимни мурољиат ба мардуми кишвараш таъкид намуд, ки Ќазоќистон дар соли 2011 яке аз се кишвари љањонї бо иќтисодиёти динамикї гардид. Нурсултон Назарбоев гуфт, ки давлат ва миллаташ дар арсаи љањонї боз њам устувор, муассир ва эњтироми бештарро соњиб гардид. Сатњи зиндагонии мардуми ќазоќ дар соли 2011 боло рафта, нафаќапулї ва моњонаи шањрвандон то 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Мо шоњиди бунёди рамзи ѓалаба ва такомулмаљмўаи "Менгилик ел" дар Остона гардидем ва барои ин дастовардњо бори дигар ба мардуми мўњтарами худ арзи сипос мекунам. Аз болоравии мизони иќтисодиёти кишвар Ислом Каримов, раиси љумњури Ўзбакистон низ ёдовар шуд. Агар руасои кишварњои Осиёи Марказї шахсан тариќи шабаќањои телевизион мардуми кишварашонро бо соли нави мелодї шодбош мегуфтанд, дар Ўзбакистон баръакси њол мушоњида мешавад. Чун анъана матни соли навии Ислом Каримовро ровии телевизион ќироат мекунад. Дар матни Ислом Каримов аз идомаи бўњрони молии љањонї ва

таъсири манфии он ба Ўзбакистон махсус ишора гардидааст. Тошканд дар соли 2011 яке аз давлатњое буд, ки ба афзоиши мањсулоти дохилї ва мўътадил нигоњ доштани сатњи иќтисод муваффаќ гардид. Раиси љумњури Тољикистон Эмомалї Рањмон бештар тамаркуз ба насли љавон намуд. Моро лозим аст, то тамоми нерў ва имконияти худро барои тарбияи хуби кўдакони тањсил карда, боѓурур, боистеъдод равона созем. Боварї дорам, ки соли 2012 барои мардуми кишвар соли дастовардњои муњим, рушди давлатдории миллї ва дигар бахшњо хоњад буд. Бо тамоми масъулият мегўям, ки миллати инсондўст ва ботањамули мо дар оянда бо њиси арљгузорї барои кишвари озод ва мустаќил барои баланд бардоштани имиљи Тољикистон дар арсаи байналмилалї бо дарназардошти шароити љањони муосир боз њам устувортар ва бо њиси вањдати миллї хидмат хоњанд кард. Таваљљўњ ва таъкиди махсуси раиси љумњури Тољикистон дар соли 2012 барои бењтар гардонидани вазъи љавонон аз љониби коршиносон ба таври мухталиф арзёбї мегардад. Гурўње бар ин назаранд, ки таъкиди бештар атрофи масоили машѓулияти љавонон ин дарси ибрат аз њаводиси кишварњои араб буд, ки онљо инќилоб тавассути љавонон ба амал меояд. Аммо хабарнигор Зафари Абдулло бар ин назар аст, ки воќеоти бањори кишварњои араб њеч рабте ба табрикоти раиси љумњур бахшида ба соли нави мелодї надорад. "Ба назари ман руасои кишварњои Осиёи Марказї ањамияте ба њаводиси љањони араб надоданд ва намедињанд. Илова бар ин ман ба "љанговариву" далерии љавонони тољик барои даст задан ба кадом як амали сиёсї шубња дорам. Тибќи суханњои раиси љумњур соли 2012 таѓйироте ба вуљуд нахоњад омад", мегўяд Зафар Абдуллоев. Номбурда бар ин назар аст, ки барои бо зиндагии бењтар таъмин будан љавонони тољик бояд бештар фаъол, муосир ва тањсил карда буда, дар доираи ќонунгузорї амал намоянд. Љавонони тољик бояд аз ибрози њарфи хеш њаросе надошта бошанд. Дар зимн Сайфулло Сафаров, муовини рањбари маркази тадќиќоти стратегии назди раиси љумњури Тољикистон низ бар ин назар аст, ки суханронии раис љумњур њеч рабте ба воќеоти бањори араб надорад. "Таъкид намудан аз насли љомеа ин як низоми давлатдорї аст. Ба назари ман он табрикоти Эмомалї Рањмон низ бозгўйи тарси њукумат аз нерўи љавононро надорад", мегўяд Сайфулло Сафаров.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

11

МАКРИ ЊАФТА

Соли Нави "Tcell"-у наѓмањояш, "Лови удачи" ва "гўл"- задани муштариён Рўз њам ба поён расид, аммо паёми "Tcell" аз Вефа-Сентр то хабаргузории "Озодагон" нарасид. Ё шояд омаду дар роњ ўро "вирус" хўрд? Ба болои ин "Tcell" аз муштариёни миллионнафарааш њатто узр напурсид.

Ш

ИРКАТИ мобилии "Tcell ", ки ќаблан бо номи "Indigo-Tjk" ёд мешуд, њамаро "ќоил" кард. Акнун "ќоил" накарда бошад њам, кулли муштариёнашро бо як нўл зад. Тасаввур мекунед, ки "њаводорон"-и ин ширкат дар саросари Тољикистон наздик ба 2 миллион нафаранд, њарчанд ин омори расмї нест. Масъулини ин Гиганткорхона бошанд, иддао доранд, ки: "Мо беш аз 2 миллионем", "Бо мо наздикиро эњсос мекунед"…. Хайр, чї агар 2 миллион њамватани мо дар муњољират бошанду дарди њиљрону фироќ кашанд, 2 миллион муштарии "акаи Tcell" кайфу сафо карда шинанд, хуб аст? Не! Намешавад, бояд муштариёни "Tcell" њам кам-кам азоб кашанд, фиреб хўранд ва тањќир шаванд, не? Чаро не: Агар ња ва њам агар не, биёед, бо њам бубинем, ки чї буду чї шуд. "Чунин иќдомро тамоми кишвар дар ёд надорад". Мањз ана њамин тавр шурўъ мешуд, њамњамаву дамдамаи PR-рекломи навбатии аксияи "Лови удачу 2011", ки аз сўи ширкати "Tcell" њанўз 25-уми октябри соли равон оѓоз гардида буд. Ин ширкат аз тамоми васоити иттилоъ истифода карда њамвора мегуфт, ки бо "Tcell" орзуњо амалї мегарданд! Иштирок намоед ва 6 адад автомобилњои "KIA Sportage" бурд намоед. Барои иштирок намудан дар аксия, Шумо бояд ба раќами 777 занг занед ва ё паёмак ( SMS паём) фиристед, баъд аз чанд даќиќа таввасути паёмак шумо лотореяро бо раќами тартибии худ мегиред. Арзиши як адад SMS - паём ё занг ба раќами кўтоњи 777 - њамагї 1 сомонї бо њисоби њамаи андозњо таъин карда шудааст! Хамчунин, 10 нафар иштирокчиёни фаъолро планшетњои "Apple iPad 3G" интизоранд. Боз њам илова мешуд, ки њар чї зиёдтар ба раќами 777 SMS - паём фиристед ва ё занг занед, њамон ќадар зиёдтар имконият доред, ки яке аз автомобилњоро бурд намоед. Маврид ба тазаккур аст, ки аксия барои муштариёни "Tcell", ки раќами телефонашон бо рамзи 92 ва 93 сар мешавад, роњандозї гардида буд. Ин чорабинї ё худ "аксияи сердаромад" аз 25 октябр то 27 декабри соли 2011 давом дошт.

ќатам тоќ шуду ба "колл-сентр" ё худ маркази хизматрасонї ва сервиси ширкат тамос гирифтам, пас аз 14 даќиќаи интизорї бо як оператор, ки баъдтар исмаш бароям рўшан шуд, тамос гирифтам. Ваќте ки аз ў (Ѓайрат ба гуфташ) суол кардам, ки чаро дар радиои "Ховар" дар бораи аксия чизе намегўянд, дар њоле ки ќаблан ваъда шуда буд ва дар сомонаи расмии "Tcell" њам иттилоъ пахш карда буданд. Ѓайрат-оператор ѓайрат карда гуфт, ки нашуд-да, аку ба Кохи Вањдат наздик шавед. Барояш фањмонидам, ки ман дар корхонааму наметавонам коргоњро тарк кунам. "Чї магар ягон љоят кам мешавад?",- гуфта гўширо гузошт… Дигар то соати 18-00 на аз аксия дарак буду на аз "Лови удачу"

Беэњтиромї

Кї гунањкор: "Tcell" ё радиои "Ховар"? Љавоб хеле содда аст, боз њам муштарї, ки ин ширкатро барои хидматрасонї пазируфта, ба њамёни бетаги он маблаѓ мерезад. Њоло ки сарфањм нарафтаед, таваљљўњ: Ќаблан иттилоъ дода мешуд, ки бозии мукофотии аксияи "Лови удачу" 3 адад кроссовер барои муштариёне, ки раќами телефонашон бо рамзи 93 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар пахши мустаќим радио "Ховар" (101.5FM) баргузор мегардад. Њамзамон, барои муштариёне, ки раќами телефонашон бо рамзи 92 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар ш. Хуљанд, назди арчаи солинавии хиёбони К. Хуљандї ба воситаи пахши мустаќими "ТВ Суѓд" баргузор мегардад. Банда њам, ки 7 сол боз муштарии

Эњсоси хатар сањ.13

4

Гузашта аз ин ќотилони Парвиз маст будаанд. Оё як нафари маст метавонад ба истилоњ фанатик бошад? Чун шаробхорї дар ислом хеле гуноњи бузург хонда шудааст. Оё нафароне, ки аз нигоњи эътиќод ва арзиши исломї дар амали худашон мухолифат дида мешавад, ќодиранд, ки барои њимояи љавњари эътиќодияшон даст ба куштор бизананд? Не! Пас љустори омили исломї шу-

дан дар њодисаи мазкур ва тавтеъагарї дар баробари он кори дасти расонањои хабариест, ки мансуб ба хадамоти љосусии кишварњои хориљиянд. Як бор ба сомонањои русї ва узбакї сар бизанед, ки чї тавтеъагарие кардаанд. Онњо мехоњанд аз носозгорие, ки ахиран дар фазои динии кишвар ба вуљуд омадааст истифода кунанду вазъиятро вахим вонамуд кунанд ва суботро дар Тољикистон барњам бизананд. Сарењан мегўем, ки

"Indigo", эъ, мебахшед, "Tcell" њастам, табиист, ки дар бозї ширкат карданї будам, аниќтараш барои санљиш ширкат кардам. 78 паёмак унвонии 777 ирсол карда, ба сари 78 сомонии бо хуни ќалам ёфтаам оби хунук рехтам. Фикр накунед, ки дилам барои 78 сомониям сўхт, не! Њоли 2 миллион муштарии "фиребхўрда" пеши назарам омад, ки яке аз онњо манам. Хуллас, расо соати 15-00-и рўзи 29уми декабр, гўшии радиоро ба мављи радиои "Ховар" тупа-туѓрї карда, натиљаи эълони аксия ва иќболдоронро интизор шудам. 20 даќиќа гузашт, ним соат пушти сар шуд, аз радио фаќат садои мусиќї бо овози Давлатманди Хол, Љўрабеки Мурод, Мењрнигори Рустам ва ѓайрањо меомад, аммо аз "Лови удачу" ва аксияи "Tcell" дарак набуд. Шояд мушкили фаннї асту баъдтар сар мекунанд, аммо чї мегўед, ки баъдтар њам чизе нагуфтанд. То-

тобиши динї додани њодиса ва љустори омили исломї шудан бар нафъи мардум ва љомеаи Тољикистон нест ва хилофи манфиатњои миллии мост. Изњороти вазири корњои дохилї ва вазораташ, ки ќатли Парвиз Давлатбеков тобиши мазњабї надорад, гуфтањои моро таъйид мекунанд. Гап сари он меравад, ки ба як ходисаи тасодуф часпондани омили диниву исломї, ки дар асл набуд, барои амнияту суботи љомеаи мо хатарзост. Аммо агар ин њодиса бар пайи таассуб сар зада бошад, њол он ки чунин нест, мо њам онро шадидан мањкум мекунем

Имрўз (30-юми) декабр хабаргузории "Озодагон" ба ширкати "Tcell" дар тамос шуда, ѓолибони бозии мукофотии аксияи "Лови удачу"-ро фањмидан хост. Аммо боз њам дар "Tcell"-и калон гуфтанд, ки: "Мо тариќи телефон хабар дода наметавонем, ба воситаи пуштаи электронї натиљаи озумунро ба шумо равон мекунем". Рўз њам ба поён расид, аммо паёми "Tcell" аз Вефа-Сентр то "Озодагон" нарасид. Ё шояд омаду дар роњ ўро "вирус" хўрд? Њадди аќќал "Tcell" аз муштариёни миллионнафарааш, ки ба ин ширкат њудуди 800 њазор паёмак (SMS) ба манзури иштирок дар аксия ирсол карда буданд ва пахши мустаќими натиљаи онро ширкат таъмин накард, узр напурсид. Њатто сабаби онро њам шарњ надод. Маълум гашт, ки "Tcell" ду миллион Инсонро, ду миллион њамватани маро эњтиром намекардааст… Ё не? Ња!

PS:

ва тарафдори њеч кадом фанатизм, аз љумла фанатизми исломї намебошем. Баъзе аз бародарони дигар ва коршиносони динї њам дар расонањо ин њодисаро нодуруст ба баррасї гирифтанд. То њатто љустори ихтилоф байни њанафимазњабон ва исмоилињо шуданд. Њарчанд, ки аз оќибати ин амал њадси хатар задаанд, аммо ба ин марзњо кашидани бањс мантиќї набуду нест. Бубинед, шахсият ва њуввияти њамлаварон ва ќотилон мушаххас шуд. Маълум шуд, ки шаробхор ва маст будаанд, кадом пайванде ба хонаводањои мазњабї надоранд. Пас тавтеъа

Хилватшоњи МАЊМУД Суоли боз ин аст, ки чаро ва барои чї пахши мустаќими аксияи "Лови удачу" тариќи радиои "Ховар" таъмин нагардид ва масъули ин бемасъулиятї кист? Ширкат ва ё иљрочї?

кардани њодиса ва љустори омили исломї шудан дар он мантиќї нест. Мо бояд манфиатњои миллии худро бишиносем ва алайњи онњо кор нагирем. Сару садои зиёди бародарони мо дар расонањо ва шабакањои иљтимоии интернетї ва рехтани селаи дашномњо ба сари муллову муфтињо аз як сў буд, ки нашрияи маъруфи "Зе Гордиан" менависад, ки "хусуияти динї доштани њодисаро полиси Тољикистон таъйид кард". Фикр мекунам ќотилон аз як тўдаи бетарбияту бефарњанге беш набуданд. Пас лозим аст, ки бар ин асос натиљагириву хулосабарорї шавад.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

12

ИФТИХОРИ ЊАФТА Исми Солењљон Шарипов на танњо дар Тољикистон, балки берун аз он шинохта аст. Вале шояд иштибоњ намекунем, бигўем, ки мањз дар Тољикистон шинохти камтаре, дар бораи ў дошта бошанд. Њатто пайвандонаш, ки дар Тољикистон боќї мондааанд, иќроранд, ки дар бораи ќањрамони мо шинохти камтаре доранд.

"Як бому ду њаво" дар Кўлоб

Файзалї Ќурбонов, муовини аввали райиси шањри Кўлоб ба хабарнигори мањаллии "Озодагон" гуфт, дењќонони ноњия дар майдони беш аз 3 гектар замин гармхонањо бунёд кардаанд, ки ба истењсоли мањсулоти сабзавоту полезї нигаронида шудаанд.

Парчами Тољикистон аз 165-метр њам баландтар рафтааст

Кайњонаварди тољик Солењљон Шарипов байраќи мамлакатро ба осмон бурд. Аммо то њанўз он ба Тољикистон нарасидааст. Љамила МИРБОЗХОНОВА

Илёс Раљабов, яке аз наздикони ўст, ки мегўяд, ў пушти панљуми ин авлод ба њисоб меравад. Раиси мањаллаи шањри Ўротеппа Њомидов Њољирустам низ мегўяд, кўшишњояш барои пайдо кардани аќрабњои кайњонаварди тољик бесамар анљом ёфтааст. - "Ман маротибањои зиёд ба ќишлоќи Ќурѓонча низ рафтам, чун шунида будам, ки наздикони Шарипов он љоянд, вале мутаассифона касеро пайдо накардам. Як хеш?ояшон будаааст, ба наздикї аз дунё даргузаштааст". Солењљон Шарипов, шаш сол ќабл ба муддати 193 шабонарўз байраќи Тољикистонро ба фазо бурд. Дар бораи миллияти ин шахсияти шинохта то њанўз бањсњо зиёданд. Худи Солењљон дар мусоњибањояш зикр кардааст, ки чунин номуаян? ба зодгоњи ў иртибот мегирад, зеро дар ин минтаќа миллатњои гуногун ба сар мебаранд, ўйѓўрњо, тољикон ва ўзбекњо. Њарчанд аксариятро мањз тољикон ташкил медињанд, вале дар шиноснома онњоро "ўзбак" карданд. -Аммо њаќиќат ин аст, ки бобои ман дар Тољикистон таваллуд шудаву ба ўзбекдухтар хонадор мешавад. Њарчанд миллати падарамро ўзбек навиштаанд, аммо ў дар асл тољик аст.- мегўяд Солењљон. Мењри авлодиву миллии кайњонаварди тољик 6- сол ќабл ваќте имкони ба фазо парвоз карданаш

Аз чорсўи Тољикистон

пайдо шуд, аз нав љўш зад. Мањз ба њамин хотир ў дар ќатори парчамњои Ќирѓизистону Русия байраќи моро низ дар њайати шабакаи байналмиллалї кайњонї бо худ бурд. Ваќте аз осмон фуруд омад, президенти Ќирѓизистон ўро пешвоз гирифту байраќи кишварашро ќабул кард. Парчами Тољикистон бошад, то њанўз дар хонааш њифз мешавад. Ва ў умед дорад, ки як рўз онро ба осорхонаи кишвар супорад. Зеро дар љањон кишварњое кам нестанд, ки бо доштани чунин парчам ифтихор доранд. Аммо тавре дар боло ишора кардем, дар бораи Солењљон Шарипов маълумоте хеле кам доранд. Худи ў мегўяд, то соли 1982 онњо њамроњ бо бобову падараш ба Уротеппаву Хуљанд зудзуд мењмон мешуданд. Њатто хотироте низ аз он замон дар ёдњояш боќї мондааст. Ба хусус инро дар ёд дорад, ки аввалин маротиба ба духтараки мањаллї мањз дар Тољикистон ошиќ гардид. Вале баъдан зиндагї ўро ба сўи дигар ва оилаи дигар бурд. Њамсараш Насиба аз рўи ихтисосаш иќтисодчист. Духтараш Нигора бошад, МНГИМО-ро хатм кардааст. Писараш Љањонгир бошад хатмкунандаи факултаи равобити байналмиллаливу иќтисодист. Худи Солењљон Шарипов, дар љањон ба як шахсияти шинохта табдил шудааст. Ў соли 1998 сазовори унвони "Њавонаварди Федератсия Русия " гардид, дорандаи медали "Барои парвози фазо" мебошад. Ќирѓизисон низ дар соли 1998 ба ў унвони "Ќањрамони кишвар"- ро дод. Њукумати Ўзбекистон бошад, як сол пас тољикписарро бо ордени "Амир Темур" ва "Барои мењнатњои шоён" ќадрдонї кард. Русия дар соли

2005 ба Солењљон Шарипов унвони "Ќањрамони Русия"- ро сазовор донист. Танњо Тољикистон аст, ки ба ин намояндаи миллати худ, ягон унвону ќадрдониро лоиќ надонисттааст, њатто кўшишњое анљом намедињанд, ки парчами ифтихории ба фазо бурдаи ўро ба Тољикистон биёранду дар љои намоёне њифз кунанд. Охиран танишњое, ки дар муносибати байни Тољикистону Русия дар рўзњои ќазияи ду халабони рус пайдо шуданд, бисёрии коршиносон мегуфтанд, бояд як њавонаварди касбї ба ќазияи рухдода, љавоби сазовар медод. Ин нафар чаро наметавонист Солењљон Шарипов бошад? Бар замми ин зарурати ба илмњои даќиќу њавонавардї такя кардану ифтихор доштанро дар Анљумани ЊНИТ як мулло дарк намуду ба миён гузошт. Пас, чаро љомеаи кишвар аз љумла мансабдорони давлат ин заруратро эњсос намекунанд? Аммо Ильёс ба вуљуди оне, ки дар бораи гузаштагонаш маълумоти зарурї надорад ва шахсан бо Солењљон њам иртиботи телефонї нагирифтааст, мегўяд, ки дар интизори Солењљон њастем. - "Чун моњњои октябри соли гузашта хеле омодагї дидем, гуфтанд бахшида ба "Рўзи сарќонуни Љумњурии Тољикистон"бояд сафар ба Тољикистон анљом медоданд, аммо намедонам, ки бо кадом сабаб ин сафар анљом дода нашуд. Хайр агар биёянд як пиёла чой карда хона мебиёремаш. Њатто омаданашонро њам аз мардум ва намояндагони маќомоти мањаллии ин љо шунидам, ки барои дидани хонаи падару бобояш меомадааст.

Ин дар њолест, ки Њамид Абдуллоев, райиси шањри Кўлоб дар љаласаи навбатии вакилони халќ 27-уми декабр дар маълумотномааш барои вакилони мардумї гуфт, дар њамаи ноњияи Кўлоб њатто як гармхона барои истењсоли мањсулоти полезии зери плёнкавї вуљуд надорад: "Омор ба муваффаќиятњо ноил гаштани кишоварзонро нишон медињад, аммо бозор муайян менамояд, ки дењќонон то куљо ва ба чї музаффарият расидаанд. Бозор муайян мекунад, ки соњаи кишоварзї дар кадом сатњ аст. Нархи дилхоњ мањсулот, чї полезиву чї сабзавот на танњо паст намефарояд, ки њамарўза боло меравад. Нархи 1 кг помидор дар бозор 20 сомонї ќиммат дорад. Ягон гармхона барои парвариши сабзавоту полезї дар њамаи ноњия нест. Њол он, ки њатто дар навоњии кўњистони њамсояи Шуроободу Муминободу Ховалинг, ки хунуктарин навоњї дар минтаќаанд, гармхонањо бунёд кардаву парвариши мањсулоти кишоварзиро ба роњ мондаанд. Аммо дар Кўлоб несту дар њисобот он вуљуд дорад". Зимнан, ба гуфти Файзалї Ќурбонов, муовини райиси шањр дар ноњияи Кўлоб дар майдони беш аз 3,25 гектар гармхонањо бунёд кардаанд. Бояд гуфт, омори ба ќавли Абдуллоев нодуруст то ба њукумати вилоят, баъдан ба њукумати љумњурї ва ахиран то президенти кишвар хоњад расид. Яъне, масъулини омору муовини аввали райиси шањр бо омори дурўѓин президентро фиреб доданианд?

Падар ва писар дар назди манзили зисташон кушта шуданд Ду нафар дар шањри Хуљанд аз силоњи оташфишон ба ќатл расидаанд.

Тавре ба хабарнигори мањалии "Озодагон" манбаъ дар маќомоти њифзи њуќуќ иттилоъ дод, ин њодиса шаби гузашта, 28-уми декабр рух дод. Сарчашмаи хабар гуфт, дар назди хонаи истиќоматии худ, дар мошинаи шахсї сокини 53-солаи шањри Хуљанд Юлдош Бурњонов ва писари 28-солаи ў Фарњод Бурњонов дар натиљаи њамлаи шахсони номаълум аз тири мусалсали Калашников ба њалокат расидаанд. Аз мањалли њодиса маблаѓњои пулии маќтулон, ки њар ду корманди нуќтаи ивази асъор дар бозори "Панљшанбе" буданд, ѓайб задааст. Прокуратураи шањри Хуљанд нисбати ин њодиса парвандааи љиної оѓоз намуда, тафтишот идома дорад.

Дар яке аз истгоњњои Душанбе ќочоќчї бо "бор"-аш дастгир гардид Дар пайи як амалиёти фаврї-љустуљўї дар ноњияи Синои пойтахт миќдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.

Тавре ба "Озодагон" аз вазорати корњои дохилї иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт дар кўчаи Зарафшон, дар назди истгоњи мусофиркашии самти Душанбе-Турсунзода Сангимоњ Чалишеваи 46 сола, сокини кўчаи Н. Њувайдуллоев дастгир шудааст. Зимни кофтукови шахсї аз дохили борхалтаи ў маводи нашъадори навъи њашиш, ки вазнаш 2 килову 942 граммро ташкил медод, дарёфт гардид.

Дар љануби кишвар 21 њазор гўсфанди зоти "њисорї" нобуд шудааст Хољагии зотпарварии "Њисор"-и ноњияи Фархор як замон шўхрати даврон буду овозааш то Маскав њам расида буд.

Он ваќт дар хољагї дањњо њазор гўсфандони ин зот парвариш ёфта, гўшти он барои њамаи љумњурињои бародари ИЉШС ба фурўш интиќол меёфт. Баъди фанои СССР ва баъдан бесарусомонињои солњои 1992-97, гўсфандњои зотии хољагии "Њисор" њам, мисоли дигар њайвоноти навоњии кишвар ба ѓорат рафтанд. Ќурбонбой Каримов, райиси ноњияи Фархор ба хабаргузории "Озодагон" гуфт,аз 30 њазор сар гўсфанди хушзот њоло њамагї 9 њазор боќї мондаасту бас: "Ба болои нобуд шудани дањњо њазор сар гўсфанд, хољагї тайи ин муддат аз андоз ќарздор шуда, ќарзаш 600 њазор сомониро ташкил медињад". Дар њамин њол, Каримов мегўяд, бо иваз гаштани сардори хољагї њам, ќудрати ин ташкилот барои пардохти њаќи андоз намерасад. Ба гуфтаи ў, чорводорї дар аксари маврид соњаи фоидаовар ба њисоб намеравад ва усулан харољоти он аз њисоби давлат роњандозї мегардад. Аммо дар њоли њозир, бо иллати камбуди маблаѓи буља, давлат њам наметавонад ба ин соња кўмак намояд.


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

13

САДГУЗОРИИ ЊАФТА Вазорати фарњанг дар якљояги бо Кумитаи андози кишвар пешнињод намудаанд, ки минбаъд њар як нашрия дар шакли алоњида (на дар шакли ЧДММ) дар равзанаи ягоанаи баќайдгирї сабти ном шаванд. Ба ќавли масъулини вазорати фарњанг, на бањисобгирї дар вазорати фарњанг, балки баќайдгирии нашрияњо дар равзанаи ягонаи баќайдгирї, ќонунї будани фаъолияти онњоро нишон медињад. Вале бархе аз коршиносон ва намояндагони ВАО дар суњбат ба "Озодагон" ин иќдоми маќомотро аз нигоњи њуќуќї беасос хонда, мегўянд, ин амали маќомот боз њам як навъ мањдуд кардани фаъолияти ВАО мебошад.

Садди наве дар роњи ВАО

Алишер ЗАРИФЇ

Иноят Иноятов, њуќуќшиноос ва узви Шўрои ВАО-и кишвар аз зумраи соњибназаронест, ки мегўяд, имрўз дар Тољикискистон сиёсати ягонаи баќайдгирии давлатии ВАО вуљуд надорад: "он мактубњо, пешнињодњое, ки ки аз љониби кумитаи андоз ва вазорати фарњанг ба маркази тадќиќоти журналистї ворид шудааст, ба онњо шинос шудам ва ќисман ба ин мактубњо розї шуда наметавонам". Номбурда мактубњои пешнињоднамудаи маќомотро љињати баќайдгирии давалтї дар равзанаи ягона аз нигоњи њуќуќї беасос хонд ва илова намуд, ки дар равзанаи ягонаи баќайдгирї он њафтаномањое чун нашрияњои ЉДММ "Чархи Гардун" ба ќайд гирифта мешаванд, ки бо маќасади фоида ба даст овардан ташкил шудааанд: -Тибќи талаботи ќонун дар бораи баќайдгирии соњибкрони инфиродї ва шахсони њуќуќї, фаќат ташкилотњои тиљоратї ва фондњо дар равзанаи ягона ба ќайд гирифта мешаванд. Дигар ташкилотњо, аз љумла иттињодияњои љамъиятї дар вазорати адлия ба ќайд гирифта мешаванд, бинобар ин дар равзанаи ягона ба ќайд гирифтани њамаи њафтаномањо дуруст нест. Гузашта аз ин ягон маќомоти давлатї њуќуќи маљбур кардани шањрвандонро ба таъсиси шахси њуќуќї надорад. Мо пеш аз њама бояд ду мафњумро фарќ кунем, якум ВАО њамчун шахси юридикї ва дувум редаксияи васоити ахбори омма.

Мисол, маркази тадќиќоти журналистї њамчун иттињодияи љамъиятї, њамчун ташкилоти ѓайритиљоратї дар вазорати адлия ба ќайд гирифта шудааст, ки ин ташкилот 3 њафтаномаро имруз чоп мекунад ва њоло маќомот талаб дорад, ки дар равзанаи ягона ба ќайд гирифта шаванд, ки ин њафтаномањо ташкилоти тиљоратї нестанд. Вобаста ба он ки имрўз ВАО пеш рафтааст мо наметавонем ин ё он ВАО маљбур созем, ки ба ќайд гиранд. Лоињаи нави ќонуне, ки мўњтарам депутатњои порлумон пешнињод карда истодаанд, бояд аниќ кунанд, ки ВАО дар кадом шаклњои ташкили њуќуќї метавонаднд, таъсис ёбанд. Бояд дар Тољикистон сиёсати ягонаи баќайдгирї бошад ва як маќомот ба ин кор машѓул шавад. Шарифи Њамдампур, ин иќдомро љињати баќайдгирии давлатии ВАО ки аз љониби Вазорати фарњанг ва Кумитаи андоз роњандозї гардидааст, як навъ мањдудсозии фаъолияти матбуот унвон намуд: "рољеъ ба ин иќдоми маќомот доирањои алоњида ва созмонњои байналхалќї аллакай ба хулосае омадаанд, ки он як воситаи мањдуд кардани фаъолияти матбуот мебошад, маќомот шарњ дињаанд, ки ба чи далел мехоњанд, њар як рўзнома дар шакли алоњида сабти ном шаванд?". Дар робита ба ин, Сайфулло Ќодиров, як масъули Вазорати фарњанги кишвар гуфт, ин бањс 20 сол инљониб идома дорад ва ин иќдом рушди ВАО-ро низ њељ

гуна мањдуд намекунад. Ќодиров афзуд, бањисобгирии нашрияњо, ки дар Вазорати фарњанг аст, он маънии баќайдгирии давлатиро надорад: " баќайдгирии давлатї дар кумитаи андоз ба љо оварда мешавад. Баъди роњандозии равзанаи ягона ин кор ба салоњияти Кумитаи андоз вогузор шудааст. Воќеан њам бархе аз воситањои ахбори омма фаъолияташон ѓайрќонунї аст, зеро онњо на аз баќайдгирии давлатї, балки аз бањисобгирии вазорати фарњанг гузаштаанду халос, ки аз рўи мурољиати Кумитаи андоз мо бо як ќатор масъулини расонањо љињати баќайдгирии давлатї мактуб ирсол намудем". Аммо бархе аз соњибназарон чунин гуфтањои маќомотро мухолиф ба ќонуни асосї мењисобанд ва иброз медоранд, ки дар масъалаи баќайдгирии давлатии ВАО Тољикистон бояд таваљљўњ ба кишварњои пешрафта кунад, дар акси њол обрўи кишвар дар арсаи байналмилалї боз њам коњиш хоњад ёфт. Журналист Ќироншо Шарифзод ин гуфтањоро таќвият бахшида, ќайд намуд, ки баќайдгирии давлатиии ВАО дар аксар кишварњои пасошўравї ќариб ки бо њам монанд аст, ба истисонои чанд љумњурї: -Масалан аз кишварњои пасошўравї љумњурии Гурљистон, ки њанўз узви ИДМ аст имрўз нињоди ба ќайдгирии давлати ба он дараљае, ки дар мо ва њамсоякишварњои мо аст, дар он љо умуман вуљуд надорад. Яъне шањрванд дар Гурљистон

метавонад нашрияе ташкил дињад ва дар маќомоти дахлдори њукуматї, ба таври хаттї маќомоти дахлдорро, аз љумла маќомоти андозро љињати ўњдадорињяш барои супоридани андоз огоњ мекунаду халос, ки мо бояд ба ин самт равона шавем, на ба ќафо гардем. Яъне афзун кардани нињодњои назоратї ё аз љониби якчанд нињоди њукуматї назорат бурдани ВАО ба суди кор нест ва ин омил ба обрўи байналмилаии давлат халал мерасонад. Ба ќавли ин њасуњбатамон, дар равзанаи ягона нашрияњо аз ќайд намегузаранд, балки муассисони онњо сабти ном мешванд, зеро нашрия шахси њуќуќї набуда, муассиси он шахси њуќуќї ба њисоб меравад. Бинобар ин дар ин љо ё ќонунњоро дуруст сарфањм нарафтаанд ё шояд ба фишор ё хоњиши дустонаи маќомоти андоз ба ин кор даст задани вазорати фарњанг бошад, вагарна ин талабот аз рўи ќонун нест. Ба гуфти Ќироншо Шарифзода тўли ду соли ахир аслан як тамоюли таъсиргузор намудани маќомоти андоз ба назар мерасад, ки та?йиротњои ахир мисоли ин гуфтањо шуда метавонанд. Феълан дар парлумони кишвар ќонуни нави ВАО, хусусан масъалаи баќайдгирии давлатии ВАО дар њоли баррасї ќарор дорад. Бо таваљљўњ ба ин коршиносон мегўянд, ин масъала бояд љиддї гирифта шавад, то баъди ба тавсиб расиданаш, мисли бархе аз санадњои дигар, сару садоре ба миён наорад.

Эй сорбон оњиста рон!

Аз аввали соли љорї инљониб дар роњњои автомобилгардии љумњурї 1394 садамањои роњу наќлиётї ба ќайд гирифта шудааст, ки бар асари ин садамањои рух дода 425 нафар ба њалокат расида, 1589 нафари дигар љароњатњои гуногуни љисмонї бардошта дар беморхонањо бистарї гардидаанд. Аз тањлили садмањои наќлиётї чунин бар меояд, ки аксари садамањои нохуши наќлиётї, аз як тараф, бо сабаби зиёд шудани теъдоди наќлиётњои гуногунтамѓа ва тезњаракат дар љумњуриамон сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, бо сабаби баланд намудани суръа-

ти њаракат ва риоя нагардидани талаботи оддитарини ќоидањои њаракат дар роњ аз тарафи ронандагону пиёдагардон мебошад. Суръати баланди њаракат яке аз бартрияти наќлиёти автомобилї буда, њамзамон сабабгори њодисаањои роњу наќлиёт шуда метавонад. Наќлиёти

автомобилиро бояд моњирона, оќилона ва мувофиќи талаботи Ќоидањои њаракат дар роњ истифода бурд. Дар акси њол суръат аз дуст ба душман мубадал мешавад. Тавонистани интихоби суръати њаракат вобаста ба шароити роњ, таљрибаи коффї ва маданиятнокии

ронанда буда, гарави бехатарии њаракат дар роњ аст. Роњи њамвор нишонаи он нест, ки ронанда бояд воситаи наќлиётро бо суръати баланд ронад, чунки ногањон пайдо шудани пиёдагард дар роњ аз эњтимол дур нест. Бинобар ин, шитобкорї мумкин нест. Њангоми идора

намудани наќлиёт яке аз манвёрњои хавфнок ин сабќат(обгон) мебошад. Биёед хулоса барорем оё ягон ронанда ба нияти зер кардани пиёдагарде дар роњ паси чамбари наќлиёт мешинад?

сањ.13

15


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

14

ВОКУНИШИ ЊАФТА сањ.13

3

Хомўшї риояи эњтиром ба устодон буд… Ман бо руљўи бардавом сухан оѓоз намекунам, зеро ин руљўъњоро, агарчи хеле тањрирталабанд, муаллифони маќолањои "Боѓњоро хазони замона нобуд мекунад" ва "Андешањои хуб, вале аз ман нест…" баён кардаанд, маќолаи аввал воќеан мисли "сартарошї машќ кардан дар сари бузургон" (яъне, "ку, як ректори ДМТ-ро танќид карда бинем") аст, фаќат маслињат ба муаллиф ин, ки хазон сифати аслии боѓ аст, на сифати замона. Дигар дар ин бора чизе гуфтан намехоњам, зеро ваќти бењуда сарфкарданї надорам. Ба гуфтаи худи устод Пайванд "он мурда кирои гиря намекунад". Ба устод Пайванд њам чизе гуфтанї набудаму модоме ки эшон ба мисли дењќони навкоре, ки ба замини мулоим пайдар пай каланд мезанаду њунари худро нишон додан мехоњад, танњо аз мутахассис набудани ман њарф мезананд ва борњо њарф задаанд, маљбур шудам, ќолаби адабро шиканам.

Дар бораи мутахассис набудани ман… Наход устод Пайванд фаромўш кардаанд, ки ман 10 сол муовини декани факултети журналистика оид ба илм будам. Чаро ягон журналист љуръат накард гўяд, ки "ту забоншинос њастї, ту аз ўњдаи љо ба љо кардани илми журналистон намебарої"? Аз љумла устод Пайванд ваќте декани факултет шуданд, хоњиш карданд, ки дар њамин вазифа монам. Њол он ки барои андешањои имрўзаашон њамон ваќт хеле ќулай буд. Ман њамчун муовини декани факултети журналистикаи ДМТ оид ба илм 10 сол наќшаи илмии устодони кафедрањои факултетро танзим ва љобаљогузорї кардаам, 10 сол аз натиљаи корњои илмии онњо њисобот додаам, 10 сол мањфилњои илмии назди кафедрањо, олимпиадањо, фаъолияти аспирантон, конфронсњои илмии ус-

тодону донишљўёни ин факултетро сарварї кардаам, агар ба њељ чиз гуфтан њаќ надошта бошам, њаќ дорам бигўям, ки дар ин 10 сол кадом устоди факултети журналистика, кадом кафедраи он чї дастовард дорад, чї камбудї дорад. Кадом устод дар бораи назария журналистика тадќиќоти арзишманд дораду кї дар атрофу акноф "мечарад"-у худро журналист мегўяд. Имрўз њам муовини декани факултет таъйин шудани забоншинос Мирзоева М., ки 18 сол боз ба журналистон дарси забон меомўзад, ба њамин сабаб аст, ки журналистон илми худро соњиб шудан намехоњанд. Барои чї, ман намедонам. Беш аз панч моњ иљрокунандаи вазифаи декани факултети журналистика будам ва дар ин муддат њам мувоини илм, њам муовинии таълими рўзона ба дўши худам буд ва ваќте ки баъзењо ба муовини онваќтаи сарвазири Тољикистон Хайринисо Мавлонова хабар буранду ў ректори онваќтаи ДМТ Саидањмад Одинаевро "як љавони бетаљрибаро ба вазифаи декани факулели журналистика мондед" гуфта танбењ карда буд, ман парво њам накарда будам, зеро, хушбахтона, вазифаро барои худам њељ гоњ обрў њисоб намекунам. Албатта устод Пайванд дар таълими журналистони љавон сањми арзанда доранд, соњиби эњтиром њастанд, кормандони воситањои ахбори оммаи Тољикистон он касро чун устод ва мутахассис эътироф мекунанд, аммо намешавад-ку факултетро танњо бо он кас љамъбаст кунем. Хуб мебуд, агар устод тамоми ѓазаби худро бо тарбияи як шогирди унвондори дохилї (на шогирдони аз берун ояндараванда, ба ќавли хуљандиён "соякелдињо"), ки дар оянда љойгузини худашон бошад, паст мекарданд.

Як илова ба мутахассис набудани ман… Таърихи матбуот - журналистика, њаёт ва фаъолияти маорифпарварон - журналистика, сотсиологияи журналистика журналистика, психологияи журналистика - журналистика,

њуќуќи журналистика - журналистика, реклама ва PR - журналистика, аммо забони журналистика журналистика набудааст-дия.

Дар бораи кафедраи матбуот… Дар факултети журналистика 5 кафедра њаст, 4 кафедра вобаста ба тахассуси бевоситаи журналистї мутахассис тайёр мекунанд (дар хусуси кафедраи забонњои хориљї чизе гуфтанї нестам), аз љумла кафедраи услубшиносї ва тањрири адабї, ки барои баъзењо кафедраи "бегона" аст, муњаррири нашриёт, корманди адабї дар маљалла ва рўзномањо тайёр мекунад, 3 кафедраи дигар тахминан сарбории ба њам баробар доранд. Бо имкониятњои ќариб якхела кафедрањои телевизион ва радиошунавонї, услубшиносї ва тањрири адабї, кафедраи журналистикаи байналхалќї тавонистанд њайати худро аз њисоби омода кардани мутахассисони љавон пурра созанд, аммо кафедраи матбуот аз соли 2002 то ин љониб ягон мутахассиси унвондор барои кафедра тайёр накардааст. Имрўз Донишгоњ ба кормандоне ниёз дорад, ки ба љуз гузаштани дарс дар синфхона бо донишљўён кори тарбиявї барад, албатта, ин андеша дуруст, ки аз нигоњи њуќуќї мо касеро њаќќи "калонсолонро эњтиром кун" гуфтан надорем, аммо сад афсўс, ки мардуми мо то мурдан ба насињат эњтиёљ дорад, дар 60-солагї њам гоњо рањгум мезанад, пайрави ину он мешавад. Ана њамин муњит аз омўзгори муассисаи таълимии воќеъ дар Тољикистон талаб мекунад, ки рисолати тарбиятгарии худро барои одамони баркамол - донишљўён низ ба кор барад.

Ба љойи охирсухан… Ин ќонуни зиндагист, ки нафаре љойи нафари дигарро бояд гирад, косаи давр як навбат бас аст. Мо ба љойи дигарон омадем, мардона бояд ба љойи худамон дигаронро тайёр кунем, вазифаву фанни таълимиро монополияи худ насозем. Ман ба ин иктифо мекунам…

Ќ. МУХТОРЇ, мудири кафедраи матбуоти Донишгоњи миллии Тољикистон

ХАБАРНИГОРОН:

e-mail: ozodagon@mail.ru

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР

ТАРРОЊ:

МУАССИС:

Аслиддини ЉУМЪА

Зафари СЎФЇ

МЕНЕЉЕР

www.ozodagon.com

С. НЕЪМАТУЛЛО

МУЊАРРИР: Азизи НАЌИБЗОД

Мо аз мероси "такя бар наздикон" бояд даст кашида, ба намояндагони љомеа такя кунем. Њамеша ёд овардан аз солњои љанг намегузорад, ки мардум аз он фаромўш кунанд. Мардум наметавонад ба афроде эътимод бандад, ки онњо танњо ба як шахсият садоќат доранд", мегўяд рањбари АМСТ. Зеро на њар чунин фард метавонад кишварро дар солњои вазнин идора намояд. Аммо Рањматилло Зойиров, рањбари ЊСДТ бар ин назар аст, дар як фењрати 20-гонаи афроди бонуфуз шомил шудани 6 нафар аъзои хонавода ва 3 нафар хешони раисљумњур ин гувоњи он аст, ки барои љомеаи шањрвандї иттилоъ ва масъулин дастнорас мебошанд. Ба бовари номбурда ба ин фењраст бештар мансабдорони давлатие ворид шудаанд, ки якбора њам ба раиси љумњур ва њам ба иќтисодиёти кишвар дастрасї доранд. Ворид шудани 6 нафар аъзои як хонавода ва 3 нафар хеши раиси љумњур ба фењрасти 20 афроди бонуфузи кишвар низ аз таъсир ва наќши ин оила дар љомеа далолат медињад. "Албатта, љомеа аз таъсири ин хонавода бидуни кадом як фењрист огоњї дорад. Аммо ин навбат њама "тахминњо"-и мардумро ин овоздињии коршиносон тасдиќ намуд", мегўяд Рањматилло Зойиров. Рањбари ЊСДТ дар умум аз баргузории чунин як назарсанљї миёни коршиносон истиќбол намуд. Ба гуфтаи вай ба таври доимї анљом додани чунин пурсиш ба ташаккули љомеа мусоидат хоњад кард. Вале мегўяд номбурда, мушкил ё нофањмї дар интихоби коршиносон аст. Дар пурсише, ки аз руйи 4 меъёри гуногун сурат гирифтааст теъдоди коршиносони соњавї мутобиќат намекунад. Барои мисол аз 20 коршинос 17 нафарро хабарнигор ва боќимондаро тањлилгарони масоили гуногун ташкил медињанд. Ва ин љо тавозун миёни коршиносон риоя нашудааст, афзуд Рањматилло Зойиров.

20 чењраи таъсиргузори Тољикистон "Ин эрод њаргиз маънои шакку шубња ба дониш ва малкаи хабарнигорон нест ва набояд дигар гуна ќабул шавад. Албатта, хабарнигорон ќобили эътимод њастанд. Дар бањогузории мазкур бештар 4-ум меъёр, яъне муаяйн кардани таъсир ба афкори љамъиятї ба њаќиќати кишвар наздик аст, ки ин њам шояд таъсири бевоситаи интихоби коршиносон аз њисоби хабарнигорон бошад. Чун онњо њамеша бо афкори љамъиятї ва воќеоти кишвар сару кор доранд. Аммо барои баргузории як пурсиши воќеъї мизони баробар миёни коршиносони тамоми бахши љомеа бояд риоя карда шавад. Танњо дар ин сурат натиљаи пурсиш метавонад ба воќеъияти кишвар мутобиќат намояд", мегўяд рањбари ЊСДТ. Рањматилло Зойиров гуфт, ки коршиносон барои муайн кардани таъсир ба масоили сиёсї ва кадрї як каме ба саросемагї роњ додаанд. Чунки дар ин фењраст Шўрои адлия, ки таъин ва барканории кормандони маќомоти додгоњї тавассути ин нињод сурат мегирад, ворид нашудааст. Илова бар ин ворид гардидани исми Фаттоњ Саидов њамчун нафаре, ки ба иќтисодиёти давлат таъсир мерасонад, ба њаќиќати кишвар наздик нест. Рањбари ЊСДТ мегўяд, ки дар умум аз рўи 5 дараља (шкала) бањогузорї намудан нодуруст буда, бењтар мебуд коршиносон мутобиќи 10 дараља бањогузорї мекарданд. Зимнан Рањматилоло Зойиров аз ворид нагардидани исми худ дар як фењрасти 20 афроди бонуфузи кишвар хушњолї намуд. Бонуфуз будан дар шароите, ки мардуми оддї ќарор дорад ин мисли гуноњ аст, илова намуд рањбари ЊСДТ. Гуфта мешавад коршиносони тољик дар њоле фењристи 20 афроди бонуфузи кишварро тартиб медињанд, ки кишвар дар вазъияти ногувор ќарор дорад. Бино бар гузориши Гурўњи байналмилалии бўњрон дар соли 2012 Тољикистонро низоъ ва хатар ба амнияти давлатї тањдид мекунад.

Њумайрои БАХТИЁР

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, х. Саъдии Шерозї – 16. Телефон: 37 880 07 09 907 82 55 77, 93 59334 70 Дар чопхонаи МХЊЊФ «Мушфиќї» ба чоп расидааст

Шуморагон- 3100

дар тамоми минтаќањои Тољикистон ва шањрњои Самарќанд, Кобул, Тењрон, Машњад, Олмотї, Бишкек, Москва, Санкт-Петербург Екатеринбург

пањн мегардад.


Акрами САНГ «Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

БОЗОРИ ЊАФТА

15

"…Арзон бе иллат нест"

Бо дастури шањрдории Душанбе дар арафаи соли нави мелодї дар манотиќи мухталифи пойтахт фурўши мањсулоти ѓизої бо нархи нисбатан арзон ташкил карда шуд. Тибќи нархномаи таъйидшуда гўшти гов дар ин фурўшгоњњо бо ќимати 27 сомонї, гўшти гўсфанд 28 сомонї, картошкаву пиёз 1.7 сомонї, биринљ то 7 сомонї, сабзї 1 сомонї ва тухми мурѓ 65 дирам бояд фурўхта шавад. Њамчунин дар бархе бозорњо низ нархи мањсулоти аввалия танзим шуда буд. Рўзи 30-юми декабр ба бозори "Сафариён" рафтам ва хостам тухми мурѓ харам. Вале дар ќуттињои назди дўконњо тухмњое гузошта шуда буданд, ки њаљмашон хеле хурд ва дар њама љо нарх як хел: 65 дирам навишта шуда буд. Чашмам ба тухмњои нисбатан калонтаре афтод, ки дар дохили дўкон меистод ва фурўшанда онро ба маърази тамошо намегузошт. Пурсидам, ки тухмњои калон чанд сомонї арзиш доранд, фурўшандае гуфт, ки онњо барои фурўш нестанд. Дар њайрат шудам ва аз фурўшандаи дигар вазъ пурсидам. Ў гуфт, ки ба онњо дастур шудааст то тухмро аз 65 дирам ќимат нафурўшанд, вале эшон тухми калонро 68 дирамї мехаранд ва аз ин рў намехоњанд барзарар фурўшанд. Бинобар ин танњо тухмњои њаљмашон кўчак ба фурўш гузошта шудаанд. Аз назар гузаронидам, ки њаљми тухми муќаррарї аз тухмњои кўчак як баробар калон аст ва нархаш 75 дирам. Фикр кардам, ки харидории тухмњои "арзон" ба фоидаи ман нест, аз ин рў аз фурўшанда хоњиш кардам, ки тухмњои калонро дињад. Сокинони Душанбе ќаблан шоњиди ба таври иљборї поин фаровардани ќимати гўшт дар

бозорњои шањр шуда буданд ва бархе аз тањлилгарон аз чунин иќдом интиќод њам кардаанд. Зеро гуфта мешуд, ки ваќте шањрдорї гўштфурўшњоро маљбур кардааст то ќимати гўштро поин баранд, аксари дўконњои гўштфурўшї баста шуданд ва ё баъзеяшон чарбу ва гўшти лоѓару устухондорро ба бозор баровардаанд. Ба назди картошкаву сабзифурўшон рафтам ва аз назар гузаронидам, ки супориши нархгузорї баъзан риоя мешаваду баъзан не. Масалан, дар ягон љо сабзиро бо 1 сомонї ёфтан мумкин набуд. Нархи картошкаву пиёз бошад дар баъзе љойњо 2 сомонї ва дар баъзе љойњо 1,70 ё 1,80 сомонї буд. Аз як зани савдогар, ки пиёзро ду сомонї мефурўхт пурсидам, ки чаро нисбати дигарон ќиматтар мефурўшад, чунин гуфт, ки хоњї гир, нахоњї рафта аз арзонњояш харидорї кун. Аммо дурусттар назар афканї, маълум мешавад, ки кадом навъи ин мањсулот арзонтар фурўхта мешудааст. Картошкае, ки 2 сомонї арзиш дорад калону босифат аст, аммо картошкаи 1,70 сомонї хурд ва боз пажмурда аст. Пиёзи арзон њам њаљмаш хеле хурд аст. Бењуда намегўянд, ки "ќимат бе њиммат неву арзон бе иллат". Як сабаби болоравии нархи мањсулотро тањлилгарон аз камбуди истењсоли он арзёбї мекунанд, ки дар сурати норасої ва зиёд гаштани талаботи ањолї нисбат ба мањсулот аз љониби истењсолгарон арзиши он меафзояд. Вале соли љорї истењсоли картошка тибќи омори расмї беш аз

800 њазор тон мебошад, ки аз талаботи солонаи ањолї зиёд аст, аммо аз чї сабаб бошад, ки нархи картошка ба љои арзон шудан боз ќиматтар гашт. Ин љо ду фарзия њаст, ки пеш аз њама шояд ин омор барзиёднависист ё ин ки ќимати роњкирову сўзишворї имкон намедињад, ки нархи картошка пойин оварда шавад. Зеро аз рўи њисобњои ахир 40 фоизи арзиши мањсулотро нархи роњкиро ва сўзишворї ташкил медодааст. Аммо бо ин њама, аз фурсат сўиистифода кардани тољирон низ ба назар мерасад. Асалмоњ Савриева, як нафаќахўр аст ва мегўяд, ки нафаќаи бознишастагияш ба харидани мањсулоти ниёзи аввале, ки дар бозорњо пеш-

нињод мешавад кофї нест. Ў нархи соли гузаштаро бо имсол муќоиса мекунад ва мегўяд, савдогарон инсофро фарм?ш кардаанд. Як кило биринљи хитої 4 сомонї буд, акнун 8 сомонист, як литр равѓани растанї аз 8 ба 13 сомонї расидааст. Аз рўи ин муќоиса нархњо таќрибан 50-60 фоиз боло рафтааст, аммо тибќи омори расмї танњо 30-40 фоиз њисоб карда мешавад. Аммо соњибкор Шамсиддин Салимов мегўяд, ки ваќте нархи сўзишворї ќимат мешавад, дигар инсоф њам аз байн меравад. Зеро тољир медонад, ки пагоњ аллакай аз кишвари дигар молу мањсулотро бо нархи гаронтар ва харољоти бештар ворид хоњад кард.

Эй сорбон оњиста рон! сањ.13

13

Ё худ ягон роњгузаре (пиёдагарде) бо нияти зери чархи наќлиёт мондан ё ба фалокатњои роњу наќлиёт дучор гардидан ба роњ мебарояд? Пас барои чї бо иштироки ин ду табаќаи иштирокдори њаракат фалокат рух додаву, яке њалок ва дигаре маљрўњ гардида, ё нафаре доѓи наздикону пайвандон дидаву дигаре ба додгоњ кашида мешавад. Сабаби асосии ба фалокатњои роњу наќлиёт дучор омадани пиёдагардон ва ронандагон, ин пеш аз њама ба оддитарин талаботњои ќоидаи њаракат дар роњ итоат накардани онњо мебошад. Ба фалокатњои роњ онњое гирифтор мешаванд, ки роњи мошингардро аз љойњои муайяннакардашуда убур менамоянд. Аз пеши мошини наздик омада истода давида мегузаранд дар љойњое, ки гузаргоњњои зери заминии бехавф мављуданд, истифода намебаранд. Аз паси монеъањои дар лаби роњ истода яку як бора ба ќисми мошингарди роњ мебароянд, ки дар чунин њолатњо сар задани фалокат аз эњтимол дур нест. Мутаасифона садамањои наќлиётї бо иштироки кўдакону наврасон низ ваќтњои охир афзуда истодааст, ки чунин њолати ногувор

њамагонро ба ташвиш овардаву нороњат гардонидааст. Дар давоми 11 моњи сипари гардида бар асари рухдињии 425 садамањои наќлиётїба 87 нафар кўдакону наврасон ба њалокат расида, 311 нафари дигарашон љароњатњои љисмони бардошта дар беморхонањо бистари гардидаанд. Яке аз омилњои сар задани садамањои наќлиётї ин бе назорат гузоштани кудакону наврасон аз тарафи падару модарон ва калонсолон мебошад.Зеро борњо мушоњида гардидааст, ки наврасон дар кўчаву бозорњо ва роњњои мошингард ба њаргуна сайру гаштњои бемаънї аз ќабили оворагардию талбандагї, испанддудкунию мошиншўи машѓул буда, аз андўхтани илму маърифат ва мактабу маориф дур мондаанд. Волидайни гиромї бошанд, ин њолатро мушоњида намудаву паст будани сатњи зиндагї ва шароити иќтисодиро сабабњои асоси пеш овардаву нисбат ба таќдир ва ояндаи имрўзу фардои онњо беэтиноию бепарвої зоњир менамоянд. Аз ин лињоз омўзгорону мураббияњо ва падару модаронро пеш аз њама зарур аст, сари ин масъалаи мубрами р?з, ки боиси њалоку маљрўњ шудани насли наврас гардида истодааст, бияндешанду бањри таъмини бехатарї ва омўзонидани оддитарин талаботи ќоидањои њаракат дар роњ ба кўда-

кону наврасон шароити хуб фароњам оварда, ва кўшишу зањматњои шабонарўзї намоянд, то кўдакону наврасон ба фалокатњои роњу наќлиёт дучор нагарданд. Падару модарони мўтарам, аз њама азиз дар дунё барои волидайн ин фарзанд аст, бањри рушд ва њифзи њаёту саломатии кудакону наврасон беэтиної зоњир нанамоед ва кўдаконро дар кўчаву роњњои мошингард бе назорат нагузоред. Биёед ба далелњои воќъеи ру меорем. Таърихи 05.01.11 сол соати 21.00 ронандаи автомашинаи тамѓаи "Мерседес-Бенс" р\д 0840АС01 Ќодиров Садриддин с.т 1962 њангоми њаракат дар 35,200 км роњи мошингарди Душанбе-Хуљанд аз уњдаи идораи а\м набаромада ба чуќурии 50м чаппа мешавад, ки дар натиља 2 нафар мусофирони автомашинаи мазкур дар љои њодиса ба њалокат расида, худи ронанда ва 1 нафар мсофири дигараш љароњати љисмонї бардошта дар беморхона бистарї мегарданд. Рўзи 30.02.11 сол соати 02.00 ронандаи автомашинаи тамѓаи "Тайота-Карола" р\д 0356АА03 Умарова Шабнам с.т 1991 њангоми њаракат аз самти ш. Ќурѓонтеппа ба самти н.Вахш дар шањраки И.Сомонї бехатарии њаракати роњро таъмин карда натавониста ба

Тањлилгарон мегўянд, ки барои танзими дурусти нарх истењсолотро на дар коѓаз, балки воќеан бояд зиёд кард то нархро худи бозор муайян кунад. Дар сурати ба таври сунъї нигоњ доштани нарх ва њисобњои нодуруст пешнињод кардан вазъи иљтимоии мардум боз њам бадтар мешавад ва ќобилияти харидориро рўз аз рўз аз даст хоњанд дод. Маќоле њаст, ки "ба ањволи касе бояд гирист, ки дахлаш нуздању харљаш бист бошад". Аммо харљи мардум ба маротиб аз даромадаш бештар аст. Зеро маоши ањолї 33 дар сад боло рафтааст, аммо харљаш 60 дар сад.

Исфандиёр ХАЛИЛЇ

дарахт бар мех?рад, ки дар натиља худи ронанда ва мусофири дохили а\м Аланазарова Рустамбек с.т 1980 љароњати љисмонї бардошта дар беморхона ба њалокат мерасанд. 18.12.11 сол соати 17.00 ронандаи автомашинаи тамѓаи "Чанху" р\д В1048РТ04 Нафасшоев Њокимшо с.т 1984 њангоми њаракат аз самти дењ.Хидорчев ба самти дењ. Сумчев дар км 2-юм бехатарии њаракати роњро таъмин карда натавониста ба љари чаппа мешавад. Дар натиља 2 нафар мусофирони дохили а\м дар љои њодиса ба њалокат расида, худи ронанда ва 1 нафармусофири дигараш љароњати љисмонї бардошта дар беморхона бистарї мегарданд. Ронандагони мўњтарам! Дар паси чанбари фармон маданиятнок ва бо эњтиёт бошед, чунки эњтиёткорї ин тарсуї нест. Ба худ савол дињед, ки оё Шумо њама ваќт талаботи Ќоидањои њаракат дар роњро риоя менамоед? Иљрои маслињатњои мо гарави бехатарии њаракат дар роњ мебошад. Илољи воќеа пеш аз вуќўъ гуфтаанд. Ба ќавли Мавлоно Абдурањмони Љомї Бибояд чорасозиро камар баст. Нарафта ихтиёри чора аз даст.

Нодирљон МУРОДОВ,

бозраси ШТТ РБДА ВКД ЉТ, лейтенанти калони милитсия

Мањмадшариф ШАМСОВ, аъзои маркази матбуот


«Озодагон» №01 (210), 04 январи соли 2012

16

ЊИКОЯТИ ЊАФТА Анвори хуршеди нисфирўзї ба чашмонаш расида, тобу тавонаш рабуданд. Сих зад сараш ва ў вопас дидагони худ натавонист боз кунад. Олами равшан дар нигоњи кундаш ба ранги садгесї дар љилва омад. Гоме чанд сўйи дањлез бинињод ва аммо аз вазнинии сараш мувозинаташро гум карда, аранге дастдаст карда, деворро дошта, оње амиќу љигарсўз аз сина берун кашид. Аъсобаш таранг гарди-

"Мегузарад ин дарди дерин. Сарам ки сабук шуд, рангњои мулавван ба тадриљ тунук гардида, марзи дидагонам софу равшан мешаванд. Худоё, чашмони бино чї гавњари нодири Худованданд. Худо накунад, ки аз ин неъмати яздонї мањрум гардад. На , на…" Тасаввури ин њол мардро карахту забуну нотавон ва ољиз љилва доданд. Тарсид хаёле "Кош то охири умр аз дидангони равшан бенасиб намонам,

Вандами тољик Шодї МУЊАММАДРАЉАБ даву дарди занандае, маѓзашро дар ќабзаи худ дошта, меафшурду меафшурд. Бењузур шуд дилаш, ту гўйи панљае ноошно онро берањмона кашида берун баровардан мехост. Рангњои садгесї њамчунон љилави чашмони пўшидаш дар бозиву раќс буданд. Вай дигар ихтиёри хеш аз каф бидод ва фарёде баланд кашид: -Айнакњоям, айнакњоям! Тарап тарапи ќадамгузорї ба хонаи гўшаш ворид гардид. Њамсараш ба таъљил во бинамуд дарро ва давидаву такон хўрда, аз дастони шавњар доштанд. -Ман њамин љоям, њамин љоям. Чият шуда, отаи Комрон? - Дарди сарам хурўљ карда,бо садои хафиф хиттоб намуд мард ва пояшро оњиста кашида, лањзае бо пойи муаллаќ монд дар њаво. Танњо лањзае. Пас-он дасти хештан бар китфони њамсараш муттако бинмуду лаб газид. - Айнакњоям куљостанд? Кош айнакњоям мебуданд… Ин чї Нури тезу халандае ба чашмонам зўр меоранд. Маро ин умр дорад барои минбаъд ба сахтињо хоњад гузашт. Ва мард дандон ба дандон монда, то љое тањаммул пеша карда, бо ёварии њамсараш берун баромад. Ин дам буд, ки Шоњид писари дуввуми мард курсиеро овард то падар андар болои он бинишинад ва нафасе ба фароѓати рўњ гузаронад. Низ аз љаъбаи љавоне айнакњои падарро дарёфта овард ва мард онро рўйи чашмонаш бигзошт. "Њамин њоло њамааш мегузарад Худо хоњад, - пичиррос зад зери лаб мард ва чуќур- чуќур нафас кашид. Замистон, аз барфи дирўз замин сап- сафед, оњарзада. Њаво хело њам ботаровату тоза ва танњо бўйи дуди њезуми бухорињо ба димоѓ мезад."

кош" Даме, ки мард, як- ду пиёла чойи сабзро нўши љон бинамуд (вай одатан дар њини ављи маризияш љойи сабзро менўшид) то њадде ба худ омад ва аз пушти пардаи рангоранги оњиста оњиста аз пеши чашмонаш дурахшонро ба мушоњида гирифт, парвози селаи кабўтарони дастомўзи набераш ба њуш овардаш. "Шукр, шукри сарнавиште, ки Худованд маро лоиќ дидааст. Шукри тани сињат… -Бархезед, тезтар љонатонро ба ягон тараф каљ кунед. -Љумбед, љумбед, ки њамин њоло полисњои рус медароянд ба ин љо. -Њадања кунед, ки агар дастаи "Омон"-њо биёянд, ягон хел рањм надоранд. Довар (њамин падари Комрон), ки хаставу бемадор њолиё аз кор баргашта буд, дасту рў мешуст, ба шаст ба хонаи худ давида даромад. Хабари шуму нањсро рафиќашон- Неъматтулло оварда буд. Ваќти фикру андешаи зиёди дигар набуд. ?ву њамдењагонаш , ки чор нафаранд ва дар ин утоќи равшану барњавои хобгоњи шањри Новокузнетски Русия рўз мегузарониданд, осемаву ошуфтасар либосњои худ бадар кардаву тозатару хонагияшонро пушида, њамакнун аз дар баромаданд, ки дар роњрав њангомаву њаёњуеро шуниданд. Њо алакай дер карда буданд! Як туда низомиён либосњои ало- було дар тан дар такопуву тохт сўйи онон ќадам мезаданд. Таппончаву автомат дар камару дар даст, низ бо таёќњои резинї мусаллањ буданд. Њар чањор нафарро ба девор рост монда, њуљљату аснои шањрвандї талаб карданд. Шиносномањову хатти зисти эшон бо худ гирифта, бо дашному њаќорат пеш пеш карда бароварданд аз бинои хобгоњ онњоро ва андар мошини сабзфоми низомие савор карда, бурданашон. Дар кадом шўъбаи милисаи шањри Навокузнетск пурсупосух оѓоз гардид. Шаш-њафт тан љавонони дигари тољикро низ дар шафати ин чањор нафар саф

ороста, суолњои зиёде медоданд. Баъди пурсишњои расмї ва тахт намуданди вараќњои љиноятї як нафар аз низомиёни рус, ки хеле болобаланду ќавињайкал ва фарохшонаву каллакалон ба чашм мерасид, ба саф наздик шуда, асои ѓафси резинияшро бозї даронда, бо садои амирона, вале хирросии худ хитоб кард: -Дар байни шумо, тољикњо, Вандам њаст ё не? На посухе, на љавобе. Њама сархам ба фикр фуру рафтаанд. Чї бигўянд? - Њозир месанљем,- бо танаффур ба љавонон нигариста ѓурунгид каллакалони низомї. - Канї якто-якто ба пеш бароед! Ин амр буд ва љавони хароби нањифпайкаре пеш баромад. - Ту Вандамї? - дод зад "каллакалони урус" - Не, не, - овозаш ларзида љавоб дод он љавон. -Ман куљову Вандам куљо? - Анна ба ту,- полиси барзангисурат бо тамоми ќуввату нерў бо асои резинї ба сари љавон фаровард, ки ў бо љуссаи ларзонаш тараппї ба рўи фарш афтод. - Анна њамин хел,- лабонашро пок намуд полиси рус.- Ту Вандам нестї, аз љоят намехезї то амру фармон нашавад. Ва бад-ин оњангу шева он њафт нафарро хобонида, охир рўймолча аз киса берун бароварда, араќи сару рў тоза намуд ва каноре рафта, андар курсии мулоиме нишаст. Ќањва нўшидаву сигарет бикашид. Пас-он бархост зи љову ба наздї чањорнафара омад. - Хў-уш ки бошад,- пасу пеш ќадам афрошта луќма партофт "љаллоди каллакалон" Ба ман бигўед, ки дар байни шумо "Вандам" њаст ё не? Ва интизори посух нигардида, асои резинї сари рафиќони Довар-падари Комрон бардошт. Заду рўйи фарш афтонд, чун дар навори синамо. Ба довар наздик шуд, ки бас бошукўњу љиддї метобид ба назар. Хоса, нигоњи тези ў аз сипари љони полиси рус мегузашт.

Ана њамин нигоњи барќвори Довар батамом нафорид ба љаллоди рус. - Ту чї кораї? - бо асои резинї аз зери манањи Довар бардошт полиси бадрў. Вандамї? Спортсментї? Мастер спорт? - Не љавоб дод Довар оромона. Ман, ман.. - Ман ба ту мегўям: Вандами тољиконї? - Ман њамагї як муаллимам. - Њо муаллими забон ва адабиёти модарии худ. Боз њам сокит монд Довар, ки он айём 35 ё 36- сола буд. "Љаллоди каллакалони" рус асои худ пас кашид ва дафъатан сигор оташ дод ва бо ситеза љониби Довар нигоњ афканд. - Ман ба ту мегўям, муаллим,хитоб кард дубора полиси "фошист" Ту Вандамї? Муаллим љавоб надод. - Агар ту гўйи, ки Вандам нестам, амонат медињам, - асояшро бозї доронд љаллод. Љонат халос азобат намедињам. Ту охир, педагог-ку! Ва якбораву нохост ѓазабаш љўш зад: - Ту Вандамї мегўям? Њо, канї бигў! - дод зад полис. - Оре ман Вандамам, - бо сари баланд рост ба чашмони "каллакалон" нигарист Довари муаллим. - Вандамам! Чї мехоњї аз ман? - Њо лаънатие, - комилан ѓазаболуд асои резинї боло бардошт полис. Ње очаи зората… Ва асо ба њаво баланд мешуду бармехўрд ба љумла пайкари чандири муаллим. Вале… вале ў тамоми нерўи худро љамъ карда, саъй менамуд, ки аз пой нафтад. Вай њеч намехост назди ин руси ноинсон муттањаму хиљолатзада ва маѓлуб гардад. "Каллакалон" чун лолаи даштї сурху араќшор мегардид, аммо Доварро рўйи фарш афтонда наметавонист. Садои њаш-њашкунии нафасаш аёнї ба гўш мерасид. Баъди лањзае… ў таппонча аз ѓилоф кашида, дод зад: - Ба Худо ман ин њайвони барзангиро мепарронам, мепарронам. Довар абгору афсурда, хун аз Лабу дањонаш зањида,

њамоно рост меистод ва меларзид. Нафаре аз "Омончиён" Давида, таппончаро кашида аз дасти "каллакалон" бигирифт ва ба дигар рафиќонаш рў овард: -Мо ин љо чї кор мекунем? Чї магар хода ранг мекунем? Канї часпед ба ин педагоги пањлавон? Мо ин Вандамро бояд шиканем, бояд чалпаки замин кунемаш. Канї, марш, давай, часпидем! Ва дастаи фврбењу шикамдамида, ки лабу лунљашон аз ѓояти сархўшї арѓувониву сурх метобиданд, якуякбора асоњои резиниї ба сари Довар бардоштанд. Мезаданду мезаданд. Ин кўбокўб таќрибан ним соат идома ёфт. Довар оќибатуламр афтид бо Тани хуншору варамидаву кабуд рўйи фарш, афтид монои як шањчинори тановари вазнин. Валек бо ин њама ќаноат накарда, "каллакалон" бо асои резинї њамоно сари ў ба нишон бигрифта, мезаду мезад… …Муаллим пас аз се рўз ба њушомад. Ба њуш омад дар бемористони шањри Новокузнетск. Ва тўли ду моњ табобаташ карданд. Ва аммо асари зарбањои берањмонаи "каллакалону" ёронаш корагар баромад. Инак пас аз гузашти 17 сол (воќеа соли 1995 рух дода буд!) Дарди сару майна њар лањзае варо ба марг наздик мекард. Чашмонаш хираанд, дурро намебинад. Ва гоњи зуњури беморї Довар билкул чизеро намебинад. Бе айнак ќадаме гузошта наметавонад. Њамдењагон лањзањои хурсандї дар сўњбатњои ширини худ ба ёд меоранд: -Ростї, муаллими Довар њаќиќатан њам Вандами тољикон аст. Мардонагиро бубин: як дастаи мусаллањ мекўбанду мезанандаш, аммо вай аз по намеафтад. Мо нангу номуси тољикиро њамон ваќт ба мушоњида гирифтем. Зинда бошї, Вандам, зинда бошї акаи Довар.!!! Ман низ ба сўњбат ва дидори Вандами тољик охир мушарраф гардидам. Чї бахти бузурге!


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.