Ozodagon 321 pdf

Page 1

Љаримањои "шањри бехатар" боинсофона њастанд?

Украина, Ќрим, ќурутоб, шукр ва Марати Кордчазан ЛУТФ

8

ПУРСИШ

6

Гиря кунем ё шукрона? ИЌТИСОД

3

Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист! Тарс, тортуќ ва Беадолатї...

№12 (321) 2 апрели соли 2014

E-mail:ozodagon@mail.ru

ЧИГУНА КОРХОНАЊОИ ЗАЙД САИДРО ГИРИФТАНД?


2

№12 (321) 2 апрели соли 2014

рухдод ИЌРОР

"Оњ љигарам кафид": Маќсудов дар бораи марги Икромзода ва раиси нави зиндон

Рафаел Маќсудов, яке аз шоњидони марги мањбус Њамза Икромзода, аз мањбаси раќами 1-и Душанбе рањо шуда, дар суњбат бо хабарнигорон љузъиёти латукўби Икромзода ва шароити нигоњдории мањбусони тољикро баён кард. Маќсудов, гуфт, субњи 16-уми сентябри соли 2012 шоњиди латукўби Икромзода аз љониби маъмурини зиндон шуд ва охирин суханњои Икромзода ин буд, ки "оњ љигарам кафид." Ин мањбуси собиќ афзуд, ки њолати дидаашро дар додгоњ тасдиќ кард ва ин боиси афзоиши фишор болои ў аз љониби маъмурини зиндон шуд. Маќсудов гуфт, маъмурин ўро мавриди латукўб ќарор дода буданд. Рафаел Маќсудов таъкид кард, ки бо иваз шудани роњбарият дар зиндони раќами яки Душанбе муносибат бо мањбусон таѓйир ёфт ва ќонун њукмфармо гардид.

ЁРЇ

Ориёнбонк аз ICD 6 миллион $ гирифт: Барои ТАЛКО?

ТАЙЁРЇ

ЊНИТ ситоди омодагї ба интихоботи парлумониро таъсис додааст

Њизби нањзати исломии Тољикистон аз ташкилшавии ситоди омодагї ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар навоњи тобеи марказ хабар медињад. Тавре аз ЊНИТ ба "Озодагон" хабар доданд, роњбарияти њизб барномаи ситоди омодагї ба интихоботи парлумонии соли 2015ро созмон додааст, ки њоло дар тамоми бахшњои навоњии тобеи марказ дар њоли иљро мебошад. Интихоботи навбатии парлумонии Тољикистон ќарор аст, моњи феврали соли 2015 баргузор шавад. ЊНИТ аз миёни ањзоби сиёсии кишвар, ягона њизбе мебошад, ки расман аз омодагии худ ба ин интихобот хабар додааст. Интихобо-

ти парлумонии пешини Тољикистон соли 2010 баргузор шуд. Масъулини ЊНИТ иддао доштанд, ки дар он беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буданд. Њизби нањзати исломии Тољикистон, яке аз ањзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танњо њизби расмии динї дар Осиёи Миёна мебошад. Ин њизб дорои таърихи 40-сола буда, беш аз 40 њазор узв дорад ва инчунин соњиби торнамову нашрияи худ низ њаст.

ТАСМИМ

Додгоњи Олї њукми 26 соли зиндони Зайд Саидовро бозбинї мекунад

Додгоњи олии Тољикистон шикояти кассатсионии вакилони Зайд Саидовро, аз болои њукми 26-соли зиндон барои зерњимояашон дарёфт карда, рўзи 15-уми апрел мавриди баррасї ќарор медињад.

Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусї (ICD) ва "Ориёнбонк"-и Тољикистон созишнома дар бораи ихтиссоси 6 миллион доллари амрикоиро ба имзо расондаанд. Дар ин бора ICD бо пахши як иттилоия хабар додааст. Холидал-Абудї, мудири кулли Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусї гуфтааст, 6 миллион доллар ба Ориёнбонк барои сармоягузории корхонањои хурду миёна дар соњаи саноат, коммуникатсия, технология, тандурустї, сохтмон ва хољагии ќишлоќ пешнињод шудааст: "Корхонањои хурду миёна дар иќтисодиёти дилхоњ кишвар сањми арзанда доранд ва ICD ба онњо таваљљуњи махсус зоњир мекунад." Ин дар њолест, ки дар акси нашркардаи ICD аз љониби Тољикистон, ин созишномаро Шералї Кабиров, мудири молиявии корхонаи алюминийи тољик, "ТАЛКО" имзо кардааст. ТАЛКО ахиран аз љой доштани мушкили молї хабар дода, изњор дошт, ки ниёз ба дастгирии давлат дорад.

ИДДАО

Шералї Мирзо: Чин боэътимодтарин шарики Тољикистон аст!

Шералї Мирзо, вазири дифои Тољикистон бо Чан Вансюан, вазири мудофиаи Чин, ки бо сафари расмї дар Душанбе ќарор дорад, мулоќот намуда, њамкорињои артиши ду кишварро мавриди баррасї ќарор додааст. Шералї Мирзо Чинро боэътимодтарин шарики Тољикистон хонда, афзудааст, дар масъалаи амнияти минтаќа тањаввулоти мураккаб сурат гирифта истодаанд ва бинобар ин зарур аст, ки њамкорињои Тољикистону Чин дар умури амният боз густариш ёбанд. Чан Вансюан њамкорї миёни артишњои Чину Тољикистонро љузъи муњими муносиботи ду кишвар хонда, илова намудааст, ки њамкорї дар мубориза бо "се нерўи бадї"-терроризм, сепаратизм ва эстремизм натиљањои мусбат додааст. Вазири дифои Чин бо зикри зарурати њамкории бештари дуљониба таъкид намудааст, ки кишвараш омодааст, минбаъд низ барои бунёдкорињо дар артиши Тољикистон сањмгузор бошад. Маврид ба зикр аст, ки феълан бо маблаѓи 12 миллион доллари ихтисосдодаи Чин дар Душанбе хонаи афсарон бунёд шуда истодааст.

Дар ин бора ба хабаргузории "Озодагон" Шуњрат Ќудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки баррасии шикояти кассатсонии зерњимояашон низ дар боздоштгоњи Кумитаи амнияти миллї пушти дарњои баста баргузор хоњад шуд. Додгоњи Олии Тољикистон дар марњиллаи аввал рўзи 25-уми декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чањор банди кодекси љиноии Тољикистон "таљовуз ба номус", "бисёрзанї", "ќаллобї", "фасод ва ришвастионї" гунањкор дониста, ба 26 соли зиндон мањкум кард. Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки њукми Зайд Саидов ангезањои сиёсї дошта, ба тасмими ў дар мавриди таъсиси њизби сиёсии "Тољикистони нав" рабт дорад. Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоњи олї ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли равон дар њузури хабарнигорон њама гуфтугузорњо оид ба сиёсию фармоишї будани парванда ва њукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд. Дар њамин њол, Додгоњи иќтисодии Душанбе 31уми март як бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд

Саидов, соњибкори зиндонии тољикро ба фоидаи давлат мусодира намудааст. Исњоќ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов дар суњбат ба "Озодагон" гуфт, ки тибќи ќарори додгоњ бинои мазкур, ки дар кўчаи Лоиќ Шералї љойгир аст, ба њисоби давлат баргардонида мешавад: "Ин биноро, ки дар ќабл Маркази илмии назди вазорати энергетика ва саноат буд, соли 2003 шањрванд, Саидањмад Мирзоев дар музояда бо маблаѓи 58 њазор сомонї хусусї мекунад. Баъдан бинои мазкурро, ки аслан дару тиреза њам надоштааст, соли 2006 Хайруллоњ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов гирифта, бозсозї мекунад ва онро аз бинои дуошёна ба сеошёна табдил медињаду ба сифати дафтари корї ба корхонањо иљора медињад". Ба гуфтаи Исњоќ Табаров тибќи ќарори додгоњ бинои мазкур бо даъвои Ољонсии мубориза бо фасоди Тољикистон бояд ба њисоби вазорат, ба њолати ќаблї баргардонида шавад ва њамчун маркази илмї фаъолият бикунад. Исњоќ Табаров аз тадриљан мусодира шудани амволи марбут ба зерњимояаш Зайд Саидов зикр карда, афзуд, ки маълум аст тамоми парвандањои иќтисодї бар зарари онњо анљом хоњанд шуд. Маврид ба зикр аст, ки то имруз додгоњи иќтисодии Тољикистон дар нисбати ду моликияти мансуб ба Зайд Саидов њукм бароварда, дукони "Модная точка" ва корхонаи хурди "Тољикмармар" -ро ба њисоби давлат мусодира кард. Вакилони дифои Зайд Саидов мегўянд, ки аз њукми додгоњи Тољикистон дар нисбати моликияти зерњимояашон норозиянд ва аз болои он шикояти касатсионї хоњанд бурд.

ЌАДРДОНЇ

Барзу бењтарин коргардони 5-солаи ахир дар Ќирѓизистон эълон шуд

Вазорати фарњанг ва Анљумани фаъолони театри Ќирѓизистон барои бењтарин њунари коргардонї дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоќов, коргардони шинохтаи тољик љоиза додааст.

Ин хабарро дар суњбат бо "Озодагон" Барзу Абдураззоќов таъйид карда, афзуд, ки љоизаро барои намоишномаи "Ишќ, Хирад ва Марги Дарвеш" (Любовь, Мудрость и Смерть Дервиша) аз рўи асари њамноми Тимур Зулфиќоров гирифтааст, ки соли 2008 дар театри узбакии академиявии Ош гузошта шудааст: "Дар маросими тантанавї ба ман як љоиза доданд, ки онро ба театри академии Ош супоридам." Ин коргардони шинохтаи театри тољик дар охири моњи январи

соли љорї Тољикистонро ба ќасди Ќирѓизистон тарк кард ва наздикони ў гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагї ба шањри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тољикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрњои кишвар ўро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоќов яке аз коргардонњои шинохтаи Тољикистон аст, ки дар гузашта рањбарии Театри ба номи Камоли Хуљандї ва Театри љавонон ба номи Мањмуди Воњид дар Тољикистонро ба уњда дошт. Охирњои моњи феврал макта-

би коргардонии Барзу Абдураззоќов, дар театри ба номи Абдумомунови шањри Бишкек таъсис ёфт.

Тарс модари зулми ситам аст ва тешае ба решаи адолат мезанад! ЊИКМАТИ ЊАФТА

СИМОН БОЛИВАР


№12 (321)

2 апрели соли 2014

3

иќтисод Тољикистон љавалонгоњи маоши паст Дар асоси омори ин гурўњ аз рўи њаљми маош дар минтаќаи ИДМ ва назди Балтика Эстония бо маоши миёнаи 1258 доллари амрикої пешсаф аст. Дар пайи Эстония бо маоши миёнаи 949 доллар Латвия ва дар зинаи сеюм Русия бо 939 доллар ќарор дорад. Маоши миёна дар Литва-877 доллар, Ќазоќистон-714 доллар, Белорусия-579 доллар, Озарбойљон-539 доллар, Гурљистон-481 доллар, Украина-408 доллар, Арманистон-368 доллар, Молдова-299 доллар, Ќирѓизистон-235 доллар ва Тољикистон-146,5 доллари амрикої арзёбї мешавад. Ќирѓизистон дар ин раддабандї аз Тољикистон як зина боло буда, дар маќоми 9-ум ќарор дорад. Ба иттилои ин кумита њаљми маоши миёнаи шањрвандони Ќирѓизистон дар соли гузашта баробар ба 220 доллар будааст. Иќтисоддони тољик Љамшед Ќудратуллоев мегўяд, ки Тољикистон чун иќтисоди заъиф дораду даромади давлат кам аст, маоши мардумаш паст мебошад. Ба ќавли номбурда, ваќте 90 дарсади мањсулот дар Тољикистон воридотист ва дар кишвар на барќ њаст ва на корхонаву истењсол, имкони боло бурдани маош аз эњтимол дур аст. "Дар тааљљубам, ки бо ингуна иќтисоди заъиф ва вобаста чигуна боз Тољикистон тавониста аст дар ин 21 сол побарљо бимонад ва ба бўњрони иќтисодї фурў наравад. Бо ин вуљуд ду чизи аслї њаст, ки иќтисоди Тољикистонро побарљо нигоњ медорад. Ин тиљорати ѓайриќонунии маводи мухаддир ва муњољират. Агар ин ду бахш набошад иќтисоди Тољикистон фурў меравад", гуфт Љамшед Ќудратуллоев. Нозим Ишанкулов, директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон мегўяд, ки љойњои кориро ќариб дар њамаи кишварњои љањон на њукумат балки соњибкорони хусусї ташкил мекунанд. Аз ин хотир маошњоро њам онњо медињанд. Ба ќавли номбурда, маошњои пасти мављудбуда дар Тољикистон ба хотири бахилии соњибкорон нест, балки сабаби дигар дорад. "Фазои сармоягузорї дар кишвари мо хеле нохуш мебошад. Соњибкорон мушкилоти зиёде доранд ва кореро бе пул аслан њал кардан имкон надорад. Бинобар ин агар як ќисми зиёди даромад ба њалл кардани мушкилот сарф шавад он њам бо маќсади рушд додани бизнеси худ, барои пардохти маоши кормандон тамоман кифоя намекунад", изњор дошт Нозим Ишанкулов. Ба гуфтаи директори Маркази бозори озоди Тољикистон, соњибкорон љињати афзоиши даромади худ ва маоши кормандон метавонанд нархи мањсулоташонро зиёд кунанд. Вале дар ин сурат дигар мушкилот пеш меояд ва касе ин колоњои гаронро нахоњад харид. Ин ќонуни оддии иќтисод мебошад, ќонуни пешнињоду талабот. Бояд фаромуш нашавад, ки дар асоси омори Бонки љањонї, таќрибан 32 фоизи ањолии Тољикистон дар њолати камбизоатї мебошанд ва то 2 миллион нафарашон дар муњољирати мењнатиянд.

Бадбахтї яку ду то нест Бо вуљуди паст будани сатњи маошњо дар кишвар, њукумати Тољикистон даъвои давлати иљтимої будан дорад, вале иќтисоддонон бар ин назаранд, ки на танњо ањолии ниёзманд, балки дигар кормандони ќаторї њам дар Тољикистон чандон вазъи хубе надоранд ва баъд аз касби истиќлол њолати иљтимоии аксарияти шањрвандон хусусияти манфиро касб кардааст. Расман дар бештари маворид њуќуќи истифода аз ёрии тиббии ройгон гўё вуљуд дорад, аммо дар асл он бе пардохти

ГИРЯ КУНЕМ Ё ШУКРОНА? маблаѓи муайян њалл намешавад. Яъне сохти иљтимої иваз шудааст, вале дар баробари ин механизми зарурї барои њифзи њуќуќњои иљтимоии шањрвандон дуруст ба роњ монда нашудааст. Дар 21 соли охир мутобиќи маълумоти Бонки љањонї Тољикистон дар миёни кишварњои собиќ Иттињоди шўравї бо рост омадани њаљми маљмўи мањсулоти дохилї ба андозаи 1000 доллар бар сари њар нафар фаќиртарин кишвар дониста шудааст. Эстония бо 19 њазору 100 доллар бар сари ањолї аз њама мувафаќтарин кишвари собиќ шўравї шуморида

шудааст. Мувофиќи омори охирин њаљми ММД бар сари ањолї дар Ќирѓизистон ба 1950 доллари амрикої баробар аст.

Маоши дар баробари нарх мелангад Масъалаи нигаронкунандатар ин аст, ки агар аз як тараф маоши миёна дар Тољикистон паст бошад, аз дигар тараф нархњо њам дар Тољикистон онќадар арзон нестанд. Чунончи рўзи 31-уми март нархи 1 кило картошка дар бозорњои шањри Душанбе аз љумла "Саховат" ва "Шоњмансур" аз 2,5 сомонии њафтаи пеш то ба 4,5 сомонї расидааст.

Гурўњи тањќиќии "Business Forecast" мутобиќи маълумоти ироа додаи сохторњои омории давлатњои ИДМ ва назди Балтика маълум кардааст, ки дар соли 2013 поинтарин сатњи маоши миёнаро дар минтаќа ањолии Тољикистон дарёфт намудаанд.

Дар њамин маврид Љамшед Ќудратуллоев бар ин назар аст, ки агар зиндагии шоистае ба назар гирифта шавад, ки ањолї тавонанд њар фасли сол ба таври муназзам ба ивази либосу харидњои зиндагии арзанда сарф кунанд, ин маош ба нисфи ќобилияти харидорї њам намерасад. Аммо Нозим Ишанкулов мўътаќид аст, ки нархи мањсулот дар Тољикистон нисбат ба дигар мамлакатњо пасттар аст. Вале њамроњи он маошњои Тољикистон њам паст аст. Барои мисол дар шањри Ню-Йорки Амрико, маоши моњонаи миёнавї таќрибан 2500-3000 доллар мебошад. Ин њаљми пул барои мардуми мо бузург менамояд, вале барои сокинони Ню-Йорк миёна аст, зеро зистан дар онљо хеле ќиммат мебошад. Дар иќтисод њамаи нархњо дар баланс њастанд. Агар, ки маошњо зиёд шаванд, нархњо њам боло мераванд, чун талаботи мардум зиёд мешавад. Албатта соњибкоре, ки даромадашро аз њисоби фурўши мањсулоташ мепўшонад, ќодир нест ончунон зиёд маоши кормандонашро баланд бардорад. Аммо дар муќобил њастанд соњибкороне, ки танњо аз њисоби фурўш даромад надоранду дасту болашон хеле боз аст, вале бо вуљуди вусъати болњояшон ба кормандонашон њамон маошњои "бихўру намир"-ро мепардозанд, мисли давраи ѓуломдорї. Њарчанд маќомоти Тољикистон њамеша аз пешрафту тараќќиёт њарф мезананд, аммо мутаассифона дар њамаи љадвалњо кишвари мо аз охир љои аввалро мегирад. Оё ин њама љои нигаронї надорад?

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА


4

№12 (321) 2 апрели соли 2014

дидгоњ

ТАРС, ТОРТУЌ ВА БЕАДОЛАТЇ... Маддоњї, чоплусї ва лаганбардориву хушомадгўї аз асоситарин омилњое мебошанд, ки љамъиятро аз рушду пешрафт бозмедоранд ва пояи Адолатро мепўсонанд. Ин раванди нохуб ба Беадолатї асос гузошта, барои њамешасабз будани дарахти ноњаќќї аз њар тараф замина фароњам меорад. Ва дар навбати худ амалдоронро аз воќеияти аслии чомеа ва љомеаро аз амалдорон дур месозанд. Бинобар ин, шахсони дорои њамин гуна хислати зиштро, ки дар љомеа заминагузори ин омил њастанд ва барои нашъунамои дарахти беадолатї шароит ба вуљуд меоранд, мо шартан "пору" ном мегузорем.

Н

аќл мекунанд, ки дар даврони њокимияти сулолаи манѓитиён, дар Аморати Бухоро њафтае як маротиба рўзи дастбўсии "Амири љањонгир" вуљуд доштааст. Дар ин айём аз манотиќи мухталифи аморат ба марказ ашхоси гуногунтабаќа, амалдорони маќомњои пасту баланд меомадаанд ва барои ноил шудан ба лутфу марњамати Њазрати љалолатмаоб дастовезу тортуќ меовардаанд. Аснои ба назди эшон расидан ва шояд њатто аз ќабулгоњи Амир шурўъ карда чорзону то назди ў мерафтаанд ва пешаш таъзим менамудаанд. Сипас, оњиста сар боло карда, ба таърифу тавсифи љанобашон мепардохтаанд. Ба ќавли манобеъи огањ аз ин "маросим" мадњу санои онњо дар олам беназир буда аст. Мансабдорон амирро "сояи Худо дар замин, шоњаншоњи љањон, хуршеди рахшон, падари фуќаро, посдори суботу оромї, шери майдон, бабри ѓуррон..." гуфта, баъд тўњфаашонро пешкаш мекардаанд. Агар дар њамин маврид сухани онњо ба амир писанд меомаду даст дароз мекард, њадядињанда дасти

ўро бўсида ба чашмонаш мемолидааст. Ва ба њамон тартиб, вале ба амир пушт нагардонда, ќафонокї, таъзимкунон ба берун мебаромадааст. Раваду агар амир лутфу марњамат мекард ва ба ин шахсон тўњфа аз ќабили камарбанду шамшер, ё љома таќдим медошт, онњо љоизаро ба дидагон молида бо тафохуру манманї дар кўчаву бозор ва њар љои ростмеомада бо як кибру ѓурур аз он тўњфа ёдовар мешудаанд. Масалан, њамин љомаро (шамшерро, камарбандро) ба ман худи амир тўњфа кардааст ва ман аз одамони наздики ў мебошам... Табиист, ки одамони дигар ба ин бовар мекарданд ва аз тарс пеши онњо аз сухан кардан њам вањм мекарданд. Дигар бовар доштанд, ки агар пишаки эшонро пиш гўед, метавонад ба саратон ягон балоро биёрад. Наќли дигар њам њаст, ки мўйсафеде бо ањли хонаводааш ба сахтї рўз мебурд. Зиндагї ба сараш бори вазнин шуду пирмард ягона сарвати оила- гови лоѓарашро ба бозор барои фурўхтан ва вазъи зиндагиашро сомон бахшидан бурд. Дар дами

дари бозор даллоле сари роњи ў пайдо мешавад ва мўйсафедро муътаќид мекунад, ки ба ивази чанд танга дар зудтарин фурсат говро мефурўшад. Пирамарад њам розї мешавад. Хулоса, даллол, ки аз љумлаи мардуми айёру суханпардоз буд, ба таърифу тавсифи чорпо шурўъ карда, говро фарбењ, сершир, боаќл, камхўр... мегўяд. Мўйсафеди дењотї ба суханони даллол гўш карда, бовар мекунад, ки говаш њаќиќатан гови хубу сершир аст ва аз фурўхтани он даст кашида, ба хона бармегардад.

Таърифу тавсиф ва сифоти беандоза иѓроќомез, суханњои болохонадори беасос инсонро дар њолати парвоз нигоњ дошта, дигар худу атрофиёнро намебинад. Шахсе, ки пайваста таъриф мешунаваду гўшаш ба ќавле ба он "одат" мекунад, дигар њатто дар хоби шаб њам интиќодро ќабул надорад. Рафта-рафта ин ќабил инсонњо аз воќеъият дур гашта, њеч наметавонад њаќиќати аслро тањаммул кунанд.

Мирзо Толиби АЗИЗИЁН, муњаќќиќ

Чин ва Русия кадоме њамкори беѓараз? СЕ НАЗАР

Мањдї СОБИР, Маркази тадќиќоти стратегї

Барои Тољикистон њарду њам шарики хуб њастанд. Мо бо Русия пайвандии бештар дорем. Мо як сиёсат доштем, њоло њам дар чанд созмон аъзо њастем. Бо Русия дар созмонњое чун, ИДМ, СПАД ва дигар њамкорї мекунем. Бо Чин бошад танњо дар доираи СЊШ њамкорї дорем. Чин њам кўшиш мекунад, ки Тољикистон њамкорињои бештар дошта бошад. Ў њам дўсти мо аст. Њарду барои мо баробар њастанд ва Тољикистон њам ба Русия ва њам ба Чин эњтиром мегузорад. Баъди берун рафтани неруњои НАТО вазъи конфедератсияи Осиё низ таѓйир меёбад. Чину Русия муаяйнкунандањои сиёсати минбаъдаи љањонї мешаванд. Барои мо бењтар аст, ки равобитро як нигоњ дорем.

Исмоил РАЊМАТОВ, тањлилгари масоили сиёсї

Шарики стратегї барои мо оне шуда метавонад, ки бо ў равобити ќавї ва захиравї дорем. Бо Русия мо дар доираи њамкорињои ИДМ, СПАДИттињоди, АвруОсиё вуљуд дорад. Агар мо расман эълон кунем накунем, хоњу нохоњ Русия барои мо њамкори стратегї њаст. Ман фикр намекунам, ки Амрико аз мо дур аст, солњои зиёд кўшиш мекунад, ки нуфузи худро дар кишварњои Осиёи марказї бештар кунад. Вале Амрико наметавонад дар ин ќитъа љойи Русияро бигирад. Бо Чин Тољикистон бештар њамкорињои иќтисодї ва дар доираи СЊШ равобит дорад. Иловатан мо аз Чин њудуди 1 милиард доллар ќарздор њастем. Ба њар сурат Тољикистон бояд муносибати берунии худро тавре ба роњ бимонад, ки равобит ќабл аз њама бо њамсоякишварњо хуб бошад.

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон

Мантиќан бигирем агар наќши Русия дар рушду нумуъи Тољикистон ва њамчун субекти байналмиллалї эътироф шудани Тољикистон дар љањон зиёд аст. Давлати советии Тољикистон барои Тољикистон сањми зиёд дошт. Он дигаргуние, ки давоми 70 сол Русия ба Тољикистон дошт, он барои касе пўшида нест. Албатта мо бо Чин њам њамкорї дорем. Вале бо Русия захирањои њамкории мо бештар аст. Минталитет њам наздик аст. Мо барои рушди њамкории минбаъда бо Русия заминаи бењтаре фароњам овардаем. Тамоми корхонањову неругоњњо дар Тољикистон бо ибтикори Русия фаъол шудааст. Чин њамчун як давлати абарќудрат метавонад бо Тољикистон њамкорї дошта бошад. Аммо Русия барои мо љойгоњи махсус дорад. Мисоли оддї ин сафари њамасолаи муњољирони мо ба ин кишвар. Бубинед, имрузњо муњољирони тољик њудуди 4 милиард доллар, яъне бештар аз маблаѓи буљаи давлатї мефиристанд. Инро набояд нодида гирифт. Дар муќоиса бо Чин, њамкории Тољикистон бо Русия ќулайтар аст.


№12 (321)

2 апрели соли 2014

5

рў ба рў Ќазияи Зайд Саид додгоњи иќтисодиро фаъол кард? ОЗОДАГОН: То имрўз чанд парвандаи иќтисодї мавриди баррасї ќарор гирифт ва бо чї анљом ёфт? И. ТАБАРОВ: "Додгоњи иќтисодии Душанбе чор парвандаи иќтисодии марбут ба зерњимояи мо -Зайд Саидов ва хонаводаашро мавриди баррасї ќарор дод. 7-уми март ќарори додгоњї нисбати дўкони "Модная точка" баромад. Соњибмулки нахустини ин фурўшгоњ хонаводаи Зайд Саидов набуд. Саидањмад Халифаев ин маконро харидорї намуда, сипас молики он Хуршед Саидов, яке аз писарони зерњимояи мо шуд. Додгоњ ќарор баровард, ки аз њисоби Саидањмад Халифаев ба Хуршед Саидов, писари Зайд Саидов 60 њазор сомонї руёнида шавад ва ин макон дубора ба њисоби давлат баргардонида шавад. 27-уми март мурофиаи додгоњї аз рўйи корхонаи "Тољикмармар" буд. Додгоњ бо даъвои ољонсии мубориза бо фасод ќарор баровард, ки ин корхонаи хусусї шудааст, ба њисоби давлат баргардонида шавад. Мо аз натиљаи њукми додгоњ њатман шикояти касатсионї хоњем бурд, чунки зерњимояи мо ин корхонаро њанўз замони дар муњољират ќарор доштанаш харидорї ва хусусї кардааст. Гузашта аз ин, Зайд Са-

ЧИГУНА КОРХОНАЊОИ ЗАЙД САИДРО ГИРИФТАНД?

Гуфтугўйи Њумайрои Бахтиёр бо Исњоќ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов идов аввал танњо 50 дарсади корхонаи мазкурро дар ихтиёр дошт, ки баъдан бо хоњиши масъулин 50 дарсади дигари онро харидорї кардааст. Мурофиаи додгоњии мазкур камтар аз ним соат давом ёфт. Мо аз раисикунандаи парванда дархост карда будем, то дар рафти мурофиа соњибмулк -яъне Зайд Саидов шахсан пурсида шавад. Додгоњ барои мо ваъда дод, аммо ин парванда бе њузури Зайд Саидов баррасї гардид. Мо аз њукми додгоњ норозї њастем. Танњо барои харидорї намудани таљњизоти итолёвии муосир Зайд Саидов њудуди 2 милион доллар сарф кардааст. Њоло бояд њалномаи додгоњиро бигирем. Ба мо гуфтанд, ки њалномаро баъди 5 рўз дастрас хоњем кард. 31-уми март додгоњи Тољикистон бинои се ошёнаи воќеъ дар кўчаи Лоиќ Шералиро мусодира намуд. Ин биноро дар соли 2003 шањрванд Саидањмад Мирзоев бо маблаѓи 58 њазор сомонї дар рафти баргузории музояда харидорї ва хусусї мекунад. Баъд бинои мазкурро, ки аслан дару тиреза њам надошт, соли 2006 Хайруллоњ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов гирифта, бозсозї мекунад ва онро аз бинои дуошёна ба сеошёна табдил медињаду ба сифати дафтари корї ба корхонањо иљора медињад. Аммо додгоњ ќарор баровард, ки ин бино ба њисоби давлат баргардонида шавад. 01-уми апрел додгоњи иќтисодии Тољикистон бо даъвои Кумитаи андози кишвар дар нисбати ширкати "Тољсохтмон -Байналмиллал" ќарор баровард ва барои пардохти наздики 16 милион сомонї муваззаф кард. Даъвои аслии Кумитаи андоз њам ин буд, ки гуиё ширкати мазкур андози худро насупоридааст. Ин њам дар њолест, ки дар рафти ду санљиши худ дар

соли 2009 ва 2013 Кумитаи андоз њеч камбудиеро дар фаъолияти "Тољсохтмон-байналмиллал" ошкор накарда буд."

Додгоњи ин њукмро мунсифона мебарорад? ОЗОДАГОН: Яъне, гуфтаниед, ки њукми додгоњ ѓайримунсифона буд, ба чї далел? И. ТАБАРОВ: Бубинед, он ширкату корхонањое, ки аз Зайд Саидов ва ё хонаводааш њастанд, дар рафти музояда харидорї нашудаанд. Њамаи ин корхонањо бо роњи ќонунї харидорї ва хусусї карда шудааст. Ин мурофиањои иќтисодии марбути Зайд Саидову хонаводааш љанбаи фармоишї доранд. Аљаб нест, агар таќдири ин парвандањоро њатто пеш аз боздошти Зайд Саидов тарњрезиву њал карда бошанд. Дар воќеъ баррасии ин парвандањову натиљаи он бо ин низоми додгоњии кишвар кам касеро дар њайрат мегузорад. Барои мисол, њукми додгоњї дар нисбати корхонаи истењсолии "Лаъл"-ро меорам. Ин корхона њанўз, соли 1992 бо риояи пурраи талаботи њамаи асноди ќонунгузорї ва меъёрии њуќуќии њамонваќта хусусї гардонида шуда, танњо соли 1999 соњибмулки он Зайд Саидов шудааст. Баъди 22 сол давлат дар симои ољонсии мубориза бо фасод иддао дорад, ки соли 1992 маблаѓи хариди корхона гўё сариваќт анљом дода нашудааст. Ин љо ба замми мўњлати тўлонии сипаришуда бояд бигўям, ки маблаѓи мазкур њатто пеш аз

мўњлат пардохта шуда буд ва њуљљатњои лозима аз ин хусус мављуданд. Ваљњњои дигари иддаои ољонсии мазкур њамин гуна бепояанд ва хуб мебуд худи даъво бе ягон каму костагї тариќи расонањои хабарї ба маърази умум гузошта шавад, то мардум худ бибинаду бидонад, ки бо чї ноњаќиву бедодгарї рўбарўст. Мисоли дигари ѓайримунсифона баровардани њукм дар парвандањои иќтисодї метавонад он бошад, ки мурофиаи додгоњї на бештар аз 20 даќиќа давом меёбаду, њукмро якбора мебароранд ва бо ин њалномаро ба вакилон намедињанд. Додгоњи иќтисодї, дар парвандањои мазкур тамоми даъвоњои ољонсии мубориза бо фасодро ќонеъ намуд. Мурофиа бидуни ширкати соњибмулк баргузор гардид, њарчанд мо талаб доштем. Тарзи баргузории он њам ба љуз аз риояи расмиёт, чизи дигаре нест. Ба ягон далели муќобили даъво заррае таваљљуњ накарданд." ОЗОДАГОН: Ишорањо бар он мешавад, ки парвандањои иќтисодї берун аз доираи ќонун ва воќеъият анљом меёбанд. Барои баррасии мунсифонаи боќимонда парвандањо бовар доред? И. ТАБАРОВ: "Комилан дуруст ишора мекунанд, ки даъвоњои Агентї њеч муносибат ба парвандањои љиноятии З. Саидов надоранд. Вобаста ба хусусиятњои ќонунгузории мурофиавї, албатта. Вале њам парвандањои љиноятї ва њам истењсолоти парвандањое, ки суди иќтисодї бо аризањои даъвогии Агентї оѓоз намудааст, љузъи таркибии њамон як сиёсатест, ки

њадафаш аслан бо њар роњу восита саркўб кардани Зайд Саидов аст. Ва амали густурдаи маќомот низ, ки бо истифода аз њама гуна тарзу усул, бахусус расонањои хабарии давлатї пайваста талош доранд ин шахсро миёни мардум бадном созанд, аз њамин сиёсат маншаъ мегирад. Бори дигар мегўям, ки корхонањои истењсолии мазкур ангуштшумор корхонањое дар мамлакат њастанд, ки бо риояи тамоми талаботи ќонунгузорї хусусї шудаанд, бо таљњизоти навтарин муљањњазанд, боиси ташкили љойњои нави корї гаштаанд, мањсулоте стандартї истењсол мекунанд. Ва њама гуна иддаову њама мурофиае, ки инњоро нодида мегирад, дар асл мазњакае беш нест, густохии нописандонаву тањќиромезест нисбат ба Конститутсияву ќонунњои дигари Тољикистон." ОЗОДАГОН: Дар умум чанд парвандаи иќтисодї доред, ки он ба Зайд Саидов ва хонаводааш марбут аст? И. ТАБАРОВ: "Айни замон дар додгоњи иќтисодии шањри Душанбе 6 парвандаи иќтисодї, ки моњияташон бевосита ва ё бавосита иртибот ба шахсияти Зайд Саидов ва хешу пайвандонаш дорад, мављуд аст. Чор мурофиа баргузор шуд. Тибќи ќарор мурофиаи навбатї, 2 -юми апрел корхонаи дўзандагии "Гулистон" ва 4-уми апрел таќдири корхонаи "Табаррук", ки дар љои корхонаи "Электроника-М" сохта шуда, баррасї хоњад шуд."

сањ.16


6

№12 (321) 2 апрели соли 2014

пурсиш

ЉАРИМАЊОИ "ШАЊРИ БЕХАТАР" БОИНСОФОНА ЊАСТАНД? Икром БОЗОРОВ, ронандаи таксї Љаримањои камерањо аслан мувофиќ нестанд. Як муштарї саросема аст ё ягон бемор дорад, 20 сомонї медињаду то Хонаи матбуот мебаред, дар роњ яке чароѓи сурхро мегузаред, хуб агар љаримааш 30 ё 50 сомонї мебуд, њеч гапе намебуд, вале 200 сомонї љарима меояд, ки ин бо њеч чорчўб мувофиќ намеояд. Дар Русия мо чароѓи сурхро гузаштем, љаримааш 150 суми русист. Агар љаримањо арзонтар мебуданд, хубтар мешуд. Љуз ин андози зиёд месупорем, вале на роњ обод мешаваду на роњча.

Ќутбиддин МУХТОРЇ, устоди ДМТ

Ман як маротиба барои зер кардани хати уфуќии пиёдагард, ба маблаѓи 40 сомонї љарима супоридам. Ќаблан дар Азия-Плюс як маќола хондам, ки маошњои њадди аќал то чи андоза бо ин љаримањо мутобиќат мекунад. Агар чанд бор хато кунед љаримаатон ба њамон андоза чанд баробар мешавад. Аз як тараф агар љаримањо аз њадд паст бошанд, як тоифа мардуме њастанд, ки инро писанд намекунанд. Аз тарафи дигар њамин гуруњи одамон шумораи камтарини ронандагонро ташкил мекунанд ва ба хотири ќонуншиканињои њамин гуруњ дигар ронандагон љабр мебинанд. Супоридани ин љаримањо барои бархе одамон ба хусус барои ронандагони таксї, ки дар як рўз мумкин то 40 сомонї кор кунанд, бисёр мушкил аст. Љаримањо воќеъан бисёр гарон њастанд. Дар инљо бояд фарњанги ронандагї бошад, ки шумо аввалан хато накунеду баъд барќасд хилоф накунед, аз љониби дигар тасодуф њам кардед, ба кисаи шумо онќадар зарари љиддї наоварад. Њатто гоњо мешунавем, ки аз арзиши мошин њам љаримањо зиёд шудаанд. Агар ин камерањо ба маќсади ислоњи кор ва баланд бардоштани фарњанги ронандагї ва шањрдорї бошад, бояд як маротиба аз тариќи барномањои телевизионї тавассути як корманди БДА, ки таљрубаи калон дорад ба мардум мефањмониданд. Гоњо мешавад, ки хато кардан ё накардани шумо ташхисаш душвор мешавад, масалан дар бисёрљоњо дар назди чароѓи роњнамо хати уфуќї, ки бояд онро пахш накардаву аз он нагузаред, вуљуд надорад. Ин хатњо дар љойњои дигар хира ё ки беранг шудаанд, инњо њам боиси љарима шудани ронанда шуда метавонад. Агар ќабл аз шинонидани камерањо ташкили ќоидањои ќисмати роњравї омода мешуданд, дар ин њолат розї шудан мумкин буд, ки љаримаи хато карданњоро бипардозем. Гузашта аз ин на танњо љарима балки бисёр намудаи дигари андозњо њам њастанд, ки барои мардуми мо гаронї мекунанд. Агар њамин хел андозњо боло

рафтан гирад, намедонем дар ин шањр баъд кї зиндагї мекарда бошад.

Љалолиддини САЙИДЉАЛОЛ, ронанда

Ваќте ќонуншиканї кардї, дигар чорае љуз пардохти љаримаи он боќї намемонад. Њар кас намехоњад супорад, аз рўи ќонун кор кунад. Албатта бо пардохти љарима болои мо зўр меояд, лекин аз ин ба баъд дигар ќонунро риоя мекунед.

Љамила МАЌСУДОВА, журналист

Дар њамон бахши санљиш 1 нафар кор мекунад ва барои як нафар ќариб 40-50 даќиќа сарф мешавад, аввал аз рўи компютер месанљад ва бовар намекунад, ки ту љарима надорї, сипас аз рўи протоколњо, боз бовар накарда ба њуљљатњои пар-

дохтшуда мегузарад, ки баногоњ љарима дошта бошиву пардохт накардї бошї. Дар маљмуъ љаримањои камерањо зиёданд. Агар бори аввал ќоида вайрон кардед, 40 сомонї месупоред, бори дуюм њамон далел аммо алакай 80 сомонї мешавад, гузаштан ба чароѓаки сурх аз 120 то 240 сомонї аст ва ин ба инсофи њамон корманди БДА вобаста аст. Агар дар як рўз 3 бор ќоидашиканї кардед, 120 сомонї месупоред.

Нуриддин ЌАРШИБОЕВ, рањбари НАНСМИТ

То њол љарима наовардаанд, вале, то љое хабар дорам, ваќте ба ГАИ корафтода мешавед, љаримањоро меситонанд, агар не, мушкилатон њалли худро намеёбад. Ба назари ман, аслан Душанбе барои амалї кардани чунин лоиња омода нест, зеро роњњояш ба стандарту талабот љавоб намедињанд. Бубинед, дар чоррања барои насби камерањо роњро мекананд, вале пас аз анљоми кор, онро таъмир намекунанд. Худи њамон чуќурњо боиси маљбуран вайрон кардани ќоидањои њаракат мешаванд.

Нозанин СОБИРОВА, ронанда Пештар дар истгоњ истодан метарсидем, аммо бо пайдоиши камерањо дар роњњо назм бавуљуд омадааст. Вале нархи љаримањои он нисбатан баланд мебошад. Ин бо вазъияти мо мувофиќ нест, пардохти љаримаи зиёд намеарзад. Агар аќаллан роњњо њамвор мебуданд, мешуд сода гирифт, вале охир бо ин роњњои хароб фармони мошинро ба он тараф чархониданї бошед, дар чола меафтед. Хуб мешуд, ки хизматрасонї њам њамроњи љаримањои камерањо бењбуд меёфт.

Абдулмалик ЌОДИРОВ, коршинос

Ростї, ман алњол бо ин љаримањо рў ба рў нашудаам, вале аз он чи шунидам, низоми љаримабандї хеле ношаффоф аст, ки сабаби ришвахорї мегардад. Њамчунин бо назардошти сатњи маоши кормандони буљавї ин љаримањо хеле баланд аст.


№12 (321)

2 апрели соли 2014

7

сиёсат Баъд аз фурупошии Иттињоди Шуравї дар харитаи геополилитикии љањон се минтаќае бо номњои кишварњои назди Балтик, Ќафкоз ва Осиёи Миёна арзи вуљуд кард. Кишварњои назди Балтик бо доштани вижагињои фарњангї ва љуѓрофї бо Ѓарб аз њимояти сиёсї ва иќтисодии иттињодияи Аврупо бархурдор шуда ба ин иттињодия пазируфта шуданд. Кишварњои минтаќаи Ќафќоз њам њар кадоме тибќи вижагињои фарњангї ва љуѓрофї ва мутобиќи таќозои манофеъи худ гароишњое гарчанде нопойдор ба ќудратњои минтаќавї ва фароминтаќавї пайдо карда њамкорињои худро ба роњ монданд. Ва аммо минтаќаи Осиёи Миёна бо кишварњои Ќазоќистон, Узбакистон, Туркманистон, Ќирѓизстон ва Тољикистон, минтаќае шикананда аз назари амниятї ва иќтисодї табдил шудааст. Дар воќеъ метавон монеањои њамгирої дар Осиёи Марказиро ба ду даста таќсим кард. Монеъањои дохилї ва монеъањои хориљї. Навъи рафтори кишварњои Осиёи Миёна ба њамдигар аст, ки ин кишварњоро аз наздик шудан бо њам нигоњ медорад. Кишварњои бузургтар мисли Ќазоќистон ва Узбакистон мекўшанд кишварњои кучактар мисли Ќирѓизистон ва Тољикистонро тањти фишор ќарор дињанд то ин ду кишварро зери нуфузи худ ќарор дињанд. Масалан Узбакистон аз пешрафти иќтисодии Тољикистон чандон хушнуд нест. Узбакистон мехоњад Тољикистон аз назари иќтисодї ба ў вобаста бошад то њар вакт, ки хост назароти худро болои Тољикистон тањмил кунад. Барои њамин дар амалї шудани тарњњои њаётан муњимми иќтисодии Тољикистон мушкил меофаринад. Яке дигар аз авомили муњим дар монеъа эљод кардан ба њамгирої дар Осиёи Миёна ин аст, ки ихтилоф бар сари таќсими манобеъи табиї ба хусус об аст. Њафтод дар сади захирањои обии Осиёи Миёна дар ду кишвари Тољикистон ва Ќирѓизистон љой гирифтааст. Вале аз сабаби набуди сиёсатгузорињои дуруст ва зерсохторњои муносиб барои истифода

МОНЕАЊОИ ЊАМГИРОИИ КИШВАРЊОИ ОСИЁИ МИЁНА аз ин манобеъ дар ин ду љумњурї, бањраманди ин ду кишвар аз ин сарчашмаи азим фаќат 14 фоиз мебошад. Омили дигаре, ки боиси аз њамгусастагии минтаќаи Осиёи Марказї шуда аст, ихтилофоти марзї мебошад. Ихтилофоти марзї дар воќеъ барљоймонда аз мероси табартаќсими Шуравї њастанд. Ин ихтилофот таъсиргузортарин омил дар равобити ин кишварњо мебошад. Њамаи кишварњои минтаќа бо њамдигар даъвои марзї доранд. Марзбандии имрузї дар ин кишварњо дар воќеъ на бар усули эњтироми ду тараф ва на бар усули муќаррароти байналмилалї поягузорї шудааст. Ихтилофот фаќат ба таќсими ноодилонаи марзњо тамом намешавад, балки баъзе аз ин кишварњо бар асоси мадорики торихї ва геополитикї даъвоњои сарзаминї њам доранд. Масалан Тољикистон бар асоси санадњои торихї ва фарњангї даъво бар сари шањрњои Бухоро ва Самарќандро дорад. То ба имрўз ин амр ба далелњои мухталиф сокит монда аст. Омили дигаре, ки боиси ин гусаст байни ин кишварњо шудааст, њисси насионалистї мебошад. Њар кадоме аз ин кишварњо барои бедор кардани њиссиёти миллии мар-

думи худ ќањрамонњое аз шахсиятњои торихии худ интихоб кардаанд. Масалан Тољикистон барои барангехтани ѓурури милии тољикон шоњ Исмоили Сомонї аз силсилаи шоњони сулолаи Сомониён дар Бухороро њамчун ќањрамони миллї интихоб карда барои он эњтироми вижа ќоил аст. Барои њамин муљассамае барои ин шоњи одил дар шањри Душанбе ќомат афрохта симболи кишвари Тољикистон ќарор гирифтааст. Дар Узбакистон бошад Бобур ва Темури Лангро њамчун ќањрамони миллї интихоб карда муљассамањое дар шањри Тошканд барояшон сохтаанд. Љолибиаш инљост, ки ин ќањрамонон ва эњсосоти миллї дар тазоди комил бо эњсосот ва ѓурури милии њамдигар ќарор доранд. Масалан Темури Ланг барои тољикон дар торих њамчун фарди хунхор ва золим аст. Мутобиќи санадњои торихї ин назар дуруст аст. Чунки бар асоси тамоми мадорики торихї Темури Ланг њамчун фарди хунхор муаррифї шудааст. Ду омили зикршуда, яъне ихтилофот бар сари истифода аз манобеъи об ва ихтилофоти марзї аз њама таъсиргузортарин дар равобити ин кишварњо мебошанд. Ин ду масъала бузургтарин монеъањои асосї дар њамгироии киш-

варњои минтаќа мебошанд. Ин ихтилофот гоње сабаби кашмакашњои сиёсї ва њатто рўёрўии низоми гардидаанд. Мисол: ахиран Тољикистон ва Ќирѓизистон бар сари аломатгузорї дар марзњои худ дар минтаќаи Исфара ва Боткент ќариб буд ба бархурди низомї рў ба рў шаванд. Дигар омиле, ки монеъи њамгирої дар минтаќаи Осиёи Миёна шудааст ин дахолати ќудратњои минтаќавї ва фароминтаќавї мебошад. Дар воќеъ ќудратњо ба хусус Русия њељгоњ намехоњанд, кишварњои ин минтаќа (Осиёи Миёна) ба њам оянд ё бе Русия созмоне чи сиёсї, чи иќтисодї ва ё чи низомї ташкил дињанд. Чунки бароварда шудани манофеъи геополитикии худро дар ихтилофоти ин кишварњо мебинад ва њамеша мекўшад ин кишварњо дар кашмакаш бошанд то битавонад аз ин ихтилофот якеро бар зидди дигаре бишуронад ва онњоро ба манфиати худ истифода барад. Дар воќеъ ќудратњо нуќсонњо ва камбудњои дохилиро бањонае барои дахолати худ медонанд. Масалан набуди тавони кофї барои таъмини амният ва субботи пойдор дар минтаќа. Набуди ангезаи кофї барои њамкорињои дарунмантиќавї байни кишварњои Осиёи Мар-

казї. Вобастагии иќтисодї, низомї ва фарњангї кишварњо ба ќудратњо хусусан ба Русия. Ќудратњо кўшиш мекунанд то масоили кишварњои минтаќаи Осиёи Миёна сиёсї ва байналмилалї шаванд, то замина барои дахолати онњо (ќудратњои бузург) фароњам шавад. Бо итминон метавон гуфт тавсеъа ва пешрафт дар Осиёи Миёна дар гарави њамкорињои наздики кишварњои ин минтаќа аст. Ин кишварњо аз назари фарњангї, экогеографї ва иќтисодї чунон ба њам пайваста ва ба њам танида њастанд, ки бе кўшиш ва њамкорињои дастиљамъї дар минтаќа њалли масъалањои чи сиёсї, чи фарњангї, чи иќтисодї ва экологї ѓайримумкин аст. Набудани њамкорињои наздик байни ин кишварњо омиле аслї дар амри тавсеъанаёфтани ин минтаќа гаштааст. Њокимони кишварњои минтаќа бояд бар асоси воќеъиёти торихї ва фарњангии ин сарзамин ва бо эњтиром гузоштан ба тарафи муќобил равобити худро поя нињанд ва на бар асоси манофеъи ќудратњо. Танњо њамин роњ аст, ки сулњу суботи пойдор ва тавсеъаи иќтисодиро дар минтаќа ба бор меоварад.

Илњом АЛОВАДДИНОВ

Бањси додгоњї алайњи Зоиров 7-уми апрел оѓоз мешавад

Рањматилло Зоиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон мегўяд, бо аризаи даъвогии хонаводаи мањбус Мањмадрањим Саидов, ки ўро дар дурўѓгўї муттањам мекунанд, шинос шудааст. Зоиров дар суњбат бо "Озодагон" гуфт, додгоњи ноњияи Синои пойтахт нахустин мурофиаи даъвои хонаводаи Саидовро нисбати ў рўзи 7-уми март соати 10:00 таъин кардааст: "Ман бо аризаашон шинос шудам ва худам аризаи мутаќобила дорам, ки пешнињод хоњам кард. Инчунин баъзе эродњои дигар дорам, ки ба зудї онњоро нашр мекунам." Мавлудљон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовњо, дар сўњбат бо "Озодагон" гуфт, 31-уми март дар додгоњи Сино шиносоии љонибњо бо парванда гузашт. Ќаб-

лан хонаводаи Мањмадрањим Саидов, мањбуси зиндони раќами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоњи ноњияи Синои пойтахт Зоировро ба пахши ахбори гўиё бардурўѓ муттањам дониста, 10 њазор сомонї љуброни зарари маънавї хостанд. Салихов мегўяд, ин ариза аз номи Сафаралї Саидов, бародари Мањмадрањим, навишта шуда, ў инчунин аз додгоњ хостааст, барояшон 1,5 њазор сомонї љуброни зарари моддї, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирўёнад. Ў дар аризаи даъвогї аз љумла навиштааст, "њамсару духта-

раш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рўњї кашидем. Њамон замон барфи сахт борида буд ва роњкиро аз Њамадонї то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам њамсуњбат шуда дидам, ки њамаи маълумот дурўѓ будааст ва ў изњор дошт, ки саломатиаш хуб аст." Рањматилло Зоиров, рўзи 6 феврали соли љорї дар сањифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарњое, ки дарёфт кардааст, гўиё Мањмадрањим Саидов дар утоќи љаримавии мањ-

баси раќами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Мањмадрањим зодаи ноњияи Њамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоњидони марги Њамза Икромзода ба њисоб меравад.


8

№12 (321) 2 апрели соли 2014

лутф Имрўз якуми апрел дар дар тамоми марказњои саноатї ва фарњангии љањон, ба монанди Вашингтону Маскав, Дубайва љамоати Лойхураки Боло љашнвораи байналмиллалии " ЌУРУТОБ- 2014" доир гардид, ки бинобар гуфтаи хабарнигорони шабакањои давлатии Тољикистон, дар љањон бесобиќа будааст. Ин љашнвора бо ташаббуси Њукумати Тољикистон ва дастгири молии ширкати ТАЛКО, инчунин шахсони саховатманду хайрхоњ ва соњибкорони муваффаќ, аз он љумла Амонуллои Њукуматулло , Гул Шералї, Њамрохон Зарифї ва Бобољон Бобохонов доир гардид.

Њ

укумати Тољикистон ва Вазо рати фарњанг ин иќдомро амали сариваќтї номида, таъкид намуданд, ки он барои муаррифї ва рушду нумуъи фарњанги тољикон дар саросари љањон мусоидат хоњад кард ва ба мардуми олам аз сериву пурї ва сулњу салоњи тољикон паём хоњад расонд. Аз љумла, ин амал ба мардуми музофот шодиву хурсандии зиёд овард, чунончи, онњо ба хотири љашнвораи "ЌУРУТОБ-2014" якуми апрел 10 даќиќа бештар барќ гирифтаанд. Инро ширкати "БАРЌИ ТОЉИК" низ таъйид кард ва ин амали хайрхоњонаашро дар барномаи "Шабакаи аввал" - и телевизиони Тољикистон шарњ дода, онро идомаи сиёсатњои мантиќї ва хирадмандонаи Њукумати Тољикситон номид. Дар баробари ин, ширкати холдингї аз мардуми ноњияњо хоњиш намудаст, ки барои ин амали воќеан ѓамхорононаи "БАРЌИ ТОЉИК" аз Њукумати кишвар ШУКРОНА кунанд! Аммо бинобар навиштаи ВАО-и мустаќил љашнвораи байналмилалли "ЌУРУТОБ- 2014" миёни сохторњои давлатї, љомеаи шањрвандї ва корбарони шабакањои иљтимої бањсњои зиёдеро ба вуљуд овардааст, ки мо онњоро мухтасар пешнињоди хонандагон мегардонем:

Хадамоти алоќа ва Ќурутоб- 2014 Бинобар бањсњои тезутунд дар шабакањои иљтимоии " facebook", "одноклассники", "twitter" ва "youtube" оид ба љашнво-

УКРАИНА, ЌРИМ, ЌУРУТОБ, ШУКР ВА МАРАТИ КОРДЧАЗАН раи " ЌУРУТОБ- 2014" Хадамоти Алоќа дастрасї ба ин шабакањоро дар Тољикистон масдуд кард. Бег Зуњуров, роњбари Хадамоти Алоќа, дар нишасти хабарї ин амалро ба корњои техникї рабт дода гуфтааст, ки як магаси паразит ба дастгоњи марказии Хадамоти Алоќа бархурдааст ва то бартараф шудани оќибатњои он, дастрасї ба шабакањои мазкур номумкин мегардад. Ў дар идомаи суханонаш аз бањори араб, њодисањои Украина, воќеањои Сурия, Ироќу Афѓонистон ва њодисаи марзи Тољикистону Ќирѓизистон ёдовар шуда, аз корбарони шабакањои иљтимої хостааст, бањсњои бемаъно накунанду одоби муоширатро риоя намоянд. Аммо дар посух ба он, ки бањси љашнвораи "ЌУРУТОБ2014" дар шабакањои иљтимої ба ин њодисањо чи рабт дорад, Бег Зуњуров мушкилї кашид. "Назди ман љаноби Сукерберг омадааст, ман мехоњам ўро бо ќурутоби бомазза зиёфат дињам", - гуфт алоќачии раќами яки кишвар ва толорро бо њамин бањона тарк намуд.

Мухолифини абадан норозї боз эътироз карданд Муњиддин Кабирї ва Рањматулло Зоиров барои бемаъно будани љашнвораи байналмилалии "ЌУРУТОБ- 2014" изњорот дода, ин амалро мањкум намуданд ва аз њамаи љонибдоронашон хоњиш кардаанд, ки аз хўрдани ќурутоб даст бикашанд. Ойнињол Бобоназарова, њуќуќшиноси маъруфи тољик низ ба ин изњорот њамроњ

шуда, аз љомеаи шањрвандї хоњиш намудааст, ки дар ин масъала бетраф набошанд. Дар њамин њол, як гуруњ занону мардон ба дафтарњои кории ЊСДТ ва ЊНИТ њуљум намуда, аз Кабриву Зоиров хостаанд, ки ба арзишњои волои миллї, аз љумла ќурутоб арљ бигзоранд ва ба хотири сулњу суботи кишвар мардумро аз ќурутобхўрї манъ накунанд. Шокирљон Њакимов ва Њикматулло Сайфуллозода ба љавоби лафзї гузашта, ба онњо посух додаанд. Занони њамлагар гуфтаанд, ки аз ин амали нољавонмардонаи онњо ба додгоњ неву, ба Агентии мубориза алайњи фасод шикоят хоњанд бурд.

Агенти мубориза бар зиди фасод мухолифинро њушдор дод Агенти мубориза бар зидди фасод аз рўи аризаи шикояти занони њамлагар нисбати Муњиддин Кабирї ва Рањматулло Зоиров парвандаи љиної боз карда, нисбати онњо оиди ба беэњтиромї нисбати хўроки муќаддаси миллї ќурутоб айбнома эълон намуд. Њарчанд Шўњрат Ќудратов, Фахриддин Зокиров ва Исњоќ Табаров мегуянд, тамоми кодексу ќонунњои дунёро тагурў кардаанд, аммо ин амалро њамчун њаракати љиної наёфтаанд. Дар посух роњбарияти Агентї гуфтааст, онњо ќонунњоро хуб намедонанд. "Дар дунё ќонунњое мављуданд, ки метавонанд дар як сония пайдо шаванд ва сонияи дигар нест шаванд", - гуфтааст муфаттиши калони ин нињод. Бо такя ба ќонунњои сониявї роњ-

барияти Агентї ба Шўњрат,Исњоќ ва Фахриддин њушдор додааст, ки аз доираи ваколатњои худ берун набароянд, чунки бо эњтимоли ќавї ќонунњои сониявї нисбати онњо низ татбиќ хоњанд шуд. Бо таъкиди њамин нукта, Агентї парвандаро ба додгоњ ирсол кардааст.

Додгоњи "Ќурутоб-2014": баррасии парванда зидди Кабирї ва Зоиров Баъди чанд моњи баррасии парвандаи љашнворавии "ЌУРУТОБ- 2014" Додгоњи олии Тољикистон Муњиддин Кабирї ва Рањматулло Зоировро бар хилофи хоњиши Агентї љарима карда онњоро аз њабс шудан озод намудааст. Шарти озодии онњо бар ин асос будааст, ки њардуи онњо бояд дар њузури оммаи мардум аз ин хўроки муќаддас узрхоњї намуда, дањ табаќї ќурутоб хўранд ва њамзамон дар њузури халќ се бор "сад шукр, њазор шукр якуним миллион шукр" бигўянд. Дар акси њол, онњо ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуда, молу мулки онњо мусодира мегардад. Кабирї ва Зоиров гуфтаанд, ки баъди узурхоњї ва хўрдани ќурутоб ба созмонњои њифзи њуќуќи байналмилалї аз рўи ин њукми додгоњ шикоят хоњанд бурд.

Чароѓаки сабзи Маљлиси Олї барои ќурутоб Њодисаи ба амаломада дар љашнвораи байналмилалли "ЌУРУТОБ- 2014" ва ќазияи додгоњї парлумони кишварро во-

Муфаттишони эронї љои пулњои Бобак Занљониро ёфтаанд Ситоди мубориза бо фасоди иќтисодии Эрон барои бозпас овардани сармояњои миллиардери боздоштшуда - Бобак Занљонї аз Вазорати умури хориљии ин кишвар кумак хостааст.

Юсуфиён Мулло, узви нозири Маљлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иќтисодї гуфтааст, муфаттишони сафарбаршуда макони сармояњои Занљониро муайян кардаанд, вале ќудрати ба танњої бозпас овардани онњоро надоранд. Ў мегўяд, "масири пулњои Занљонї мушаххас шудааст ва

агар Вазорати умури хориљии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрї расонад, метавонем, ин пулњоро баргардонем." Юсуфиён Мулло аз иќдоми Вазорати умури хориљии кишвараш дар Женева дар робита ба ин ќазия истиќбол карда, гуфтааст, "Вазорати умури хориљї бояд бидонад, ки дасти Ситоди мубориза бо фасоди иќтисодї дар хориљ аз Эрон баста аст ва ин вазорат аст, ки бояд моро ёрї кунад." Ба гуфтаи ў, муфаттишони додситонии шањри Тењрон, ки дар миёнањои моњи марти соли љорї барои љустуљў ва њисобукитоби дороии Бобак Занљонї дар хориљ аз Эрон, аз љумла ба Тољикистон, Туркия ва Малайзия фиристода шуда буданд, макони сармояњои ин миллиардери боздоштшудаи эрониро мушаххас кардаанд: "Ин њайати муфаттишон њанўз ба ватан барнагаштаанд ва њоло машѓули кор мебошад. Аммо онњо то кунун ба натиљаи хубе даст ёфта, масири

пулњои Занљониро пайдо кардаанд." Узви нозири Маљлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иќтисодї далели тамдид шудани муњлати боздошти Бобак Занљониро ба анљом наёфтани тафтишоти парвандааш рабт дода, аз сокинони кишвараш даъват кардааст, барои муљозоти ин миллиардер њоло шитоб накунанд: "Дар шароити феълї набояд дар фикри муљозоти Занљонї шуд. Мизони ќарзи ў ба њадде боло рафтааст, ки агар њоло онњоро ба Эрон баргардонем, таъсири мусбатеро ба иќтисоди кишвар хоњем дид ва мо феълан дар фикри овардани ин пулњо мебошем. Муљозоти миллиардер дар марњилаи баъдї аст." Бобак Занљонї, ки аз ў "дўст"-и бархе аз маќомдорони тољик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиќол ёфт. Маќомоти Эрон эълон карданд, ки Занљонї барои "гум шудан"-и 2 миллиар-

ду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воќеї набояд онро дар њисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорї истифода кунад, муттањам мешавад. Ин миќдор пуле, ки миллиардери эронї гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тољикистон ба кишвараш интиќол дода, санад њам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро љаълї ё ќалбакї хонда, Бонки миллии Тољикистон њам анљоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард. Номи Бобак Занљонї, миллиардери эронї замоне дар Тољикистон маъруф ва сархати расонањои хабарии кишвар ќарор гирифт, ки сармояњои ў вориди Душанбе шуд. Дар Тољикистон њоло ду тарњ, ширкати "Осиё Экспресс", соњиби нави автовокзали пойтахт ва бонки "Kont Investment Bank", ки ќароргоњаш дар Душанбе мебошад, ба Занљонї марбут дониста мешаванд.


№12 (321)

2 апрели соли 2014

9

лутф Русия, Ќрим, Украина ва ЌУРУТОБ- 2014 Љашнвораи байналмилалии " ЌУРУТОБ- 2014" дар њоле доир мегардад, ки Русия Ќримро њамчун субъекти нав аз Украина гирифта ба ќаламрави худаш њамроњ кард. Бинобар хабарњои расида, Виктор Янукович президенти фирории Украина дар љашнвораи байналмиллаии "ЌУРУТОБ- 2014" дар Маскав иштирок карда се табаќ ќурутобро хўрда ба њукумати Тољикистон барои бетарафияш нисбати њаводиси Украина изњори ташаккур кард. Ў њамчунин иброз намуд, ки бори аввал бо даст ва аз табаќи чўбин ќурутоб мехурад ва нав огоњ шудааст, ки бо даст хўрдани хўрок лаззати хос доштааст. Дар робита ба ин хабар Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон гуфт, љашнвораи байналмиллалии "ЌУРУТОБ- 2014" як љашнвораи фарњангї буда, он танњо ба хотири тањкими сулњу дўстї ва њамдигарфањмию бародарї созмон дода шудааст. Ў дар њузури хабарнигорони хориљї иќрор кард, ки буљаи солонаи кишвараш ба њамаи соњањо, аз он љумла барои хариди шоњбулути чандњазордолларї ва чунин љашну идњо мерасад.

- Дар Тољикистон касе аз ањволи молиявии худ норозї нест. Њадди аќал, онњое, ки ман мешиносам, изњори ќаноатмандї мекунанд.

Марати Кордчазан ва Ќурутоб- 2014 дор кард ки љаласаи ѓайринавбатї ва фаврї доир кунад. Вакилон дар зарфи чоруним сония тамоми љузъиёти Ќонуни ЉТ "Дар бораи Ќурутоб ва истеъмоли он" - ро баррасї ва ќабул карда, ба Кодекси љиної низ тайироти лозимї ворид намудаанд. Дар ин ќонун таъкид мешавад, ки монополия ва беэњтиромї нисбати ќурутоб љиноят буда минбаъд њар ошхонаи дар Тољикистон фаъолиятдошта ќурутобро дар сархати фењрасти таомњояшон њамчун хўроки якум нишон дињанд, вагарна фаъолияташ мамнуъ хоњад шуд. Инчунин дар ќонуни мазкур таъкид шудааст, ки ошхонањои бузурги кишвар, ки бо тайёр намудани ќурутоб машѓуланд аз НДС озод карда мешаванд.

Ќурутоб, каблук, галстук ва илму маориф Вазорати маъориф ва илми кишвар аз

талабањо ва донишљўён даъват кардааст, ки аз хўрдани таъомњои бегонаи аврупої, ба монанди хот-дог, гамбургер, чизбургер, фри, "Питзо", сендвич, шаурма, тантуни ва ѓайра даст кашида, бештар хўроки миллии ќурутобро истеъмол намоянд. Вазири маориф гуфтааст, ин амали вазорат ба љашнвораи байналмилали "ЌУРУТОБ2014" бахшида шуда, пуштибонї аз сиёсати пешгирифтаи Њукумати Тољикистон мебошад. Вазири собиќи маъориф Абдуљаббор Рањмонов бо пуштибонї аз ин ќарори вазорат гуфтааст, донишљўдухтарон бояд бо пойафзоли каблукдор ва писарон бо костюму галстук ќурутобро истеъмол намоянд.

-Ин бисёр кулай аст: бо каблук метавонї пои дугонаи пурхўратро шикоф намої ва бо галстук лабу дањони равѓанолудатро пок кунї, шарњ дод вазири собиќ.

Вазорати фарњанг дар љустуљўи номи арзанда Њукумати Тољикистон ба Кумитаи истилоњот, Вазорати фарњанг ва шоиру нависандагону зиёиён супориш додааст, ки барои иваз намудани номи ќурутоб фикру андешањо ва хулосањояшонро ба њукумат пешнињод кунанд. Вазорати фарњанг "Ќурутобшоњ" пешнињод намудааст, аммо зиёиён мегуянд,ки "Љаноби ќурутоб" гўем бењтар. Вале Гавњар Шарофзода гуфтааст, ки ќурутоб номи зебои тољикї буда, иваз карданаш зарурат надорад. Сардори Кумитаи истилоњот Шарифзода таъкид кардааст, ки њар нафаре, ки насабаш Ќурутов ё Ќурутова њаст, метавонад бо шеваи тољикии Ќурутзода ё Ќурутдухт иваз намояд. Ин бањсњо дар њоле сурат мегиранд, ки дар љањон вазъи ногувори геополитикї ва буњрони сиёсї рўз то рўз печидатар мешавад.

Ба андешаи журналисти шинохта Марати Кордчазан, истеъмоли пайвастаи ќурутоб шањрвандонро ба тањаммулпазирї ва пурсабрї оварда мерасонад. Ў гуфтааст, ки бояд як созмони муштараки сохторњои њукуматї ва љомеаи шањрвандї доир ба масоили ќурутоб ташкил карда шавад.

- Пеш аз њама, бояд аз ќалби кишвар, яъне ресторанњои хориљї дар маркази пойтахт, ба хусус "MERVE"-и туркї оѓоз намуд. Ба љои ин тарабхонаю ошхонањои хориљии ба фарњанги мо бегона, бояд ќурутобхонањо бунёд гардад.

Ба андешаи Марати Кордчазан, танњо дар ин сурат мо метавонем аз таъомњои миллиамон ифтихор дошта бошем.

Гузоришгари махсуси "Озодагон" аз Ќурутобхона

Далер ШАРИФОВ

Эътироз аз пахши хабар дар бораи "пулљамъкунї ба пешвози президент"

Баъд аз зўњри 31-уми март, гурўње аз намояндагони њукумат, вакилони мањаллї ва сокинони Файзобод бо нишони эътироз аз пахши хабар дар мавриди "пулљамъкунї барои пешвози президент дар Файзобод" назди бинои Маљмааи табъу нашр (ГЖК) дар Душанбе љамъ омаданд. Сайбї Раљабова, муовини раиси ноњияи Файзобод дар сўњбат ба "Озодагон" гуфт, ки хабари мазкур њеч асоси ваоќеї надошта, касе дар арафаи боздиди президент -Эмомалї Рањмон аз ин ноњия аз сокинон пул љамъ накардааст: "Мо ваќте ин хабарро дидем, як љаласа баргузор намудем. Ин хел овозањо набуд, ки маблаѓ љамъ карда кореро анљом бидињанд. Њар як сокини мањаллї вазифадор аст, ки дари хонаи худашро сафед кунад, тоза кунад, обод кунад. Барои ободиву зебоии диёраш ин корро анљом додан лозим. Аммо махсус барои омадани љаноби олї маблаѓ љамъ карда истодаанду, кори махсус бошад, њамаи ин гапњо бардурўѓанд." Сайбї Раљабова гуфт, ки барои тањлили ин иттилоъ ба Душанбе омадаанд. Дар њамин маврид Раљаб Назиров, сокини љамоати Мискинободи ноњияи Файзобод низ даќиќ будани хабари мазкурро рад карда, мегўяд, ки агар масъулин барои пулљамъкунї супориш медоданд, сокинони дењаи онњо низ њатман огоњ мешуданд: "Барои чї ба як дења фармон медодаанду ба дењаи дигар не? Ба назари ман касе аз ин вазъият сўиистифода мекунад. Дар асл њамасола дар бањор сокинони љамоату дењањои Файзобод барои ободкорї, сафед кардани хонањо машѓул мешаванд ва барои ин касе пул љамъ намекунад."

Иддае аз намояндагони маќомоти ноњияи Файзобод бо масъулини ољонсии хабарии "Азия плюс", ки нахустин шуда, хабар дар бораи пулљамъкунї аз мардуми Файзободро пахш карда буд, мулоќот анљом доданд. Зебо Тољибоева, мудири иљроияи ољонсии хабарии "Азия плюс" дар сўњбат ба "Озодагон" гуфт, ки дар мулоќот намояндагони маќомоти Файзобод сањењ будани ин хабарро комилан рад кардаанд: "37 вакили мањаллї, маќомот ва сокинон омадаанд. Онњо талаб доштанд, ки мо сарчашмаи иттилои худро ифшо намоем, дар акси њол ба додгоњ мурољиат хоњанд кард. Албатта сарчашмаи иттилои мо њозир буданд, биёянд ва бо вакилону раисони худ суњбат кунанд. Аммо мо ба хотири халал нарасондан ба зиндагии минбаъдаи онњо дар Файзобод аз ин кор худдорї кардем." Зебо Тољибоева мегўяд, ки сару садоњое ба ин монанд бори нахуст нест, ки пањн мешавад. Ба гуфтаи мудири иљроияи ољонсии хабарии "Азия плюс" эњтимол чунин "супориш" аз боло нашуда бошад, аммо ба њар сурат Файзобод ягона ноњия нест, ки чунин корњо сурат бигирад: "Албатта маќомоти ноњияи Файзобод рад карданд ва мо ин мавќеи онњоро дар сомонаи худ љой медињем. Аммо дар сўњбат бо мо онњо тасдиќ карданд, ки дар бањор тасмими аз

берун сафед кардани манзили зистро доштанд, аммо барои ин кор маблаѓ љамъ намекунанд." Субњи имруз 31-уми март хабар нашр шуд, ки гўиё маќомоти Файзобод барои пешвози Эмомалї Рањмон, раисиљумњури Тољикистон аз мардуми ноњия 50 сомонї талаб карда истодаанд. Гуфта мешавад, ин маблаѓњо барои рангубори хона зимни сафари раисиљумњур ба ноњияи Файзобод, ки 10-уми апрел дар назар аст, пешбинї шудаанд.


10

№12 (321) 2 апрели соли 2014

иљтимоъ

Ч

унин андоз барои тањсил то ќабули Кодекси нав вуљуд надошт ва агарчї њадаф аз комилан аз нав тањия намудани Кодекси нави андоз сабукї овардан ба ањолї буд, вале алъон маълум мешавад, ки баръакс шуд. Кодекси нав мушкилиро на танњо ба сари соњибкорону тољирон, балки ба дўши хонандагон низ бор кард, ки басо дардноку даркношаванда ба назар мерасад. Бояд эътироф кард, ки Љумњурии Тољикистон миёни давлатњои собиќ Шуравї ягона кишварест, ки аз хонандагони на танњо мактабњои олї, балки мактабњои миёнаи хусусї низ андоз меситонад. Андозеро, ки волидайни онњо аз маблаѓњои бо њазор зањмат дар мухољират љамъ намудаи худ, бо умеди фардои "дурахшон"и кўдакон ба буљаи давлат мепардозанд ва орзуи кўдаконаи онњо чун руъёњои овони мактаббачагї боќї мемонанду халос. Зеро аллакай шоњид шудем, ки новобаста ба дањњо эътирози соњибкорону садњо мактубњои кушоди устодони мактабњо ба унвони президент рољеъ ба болоравии андоз, гузаште аз тарафи масъулин сурат нагирифт ва ман яќинам, ки ин "орзуи наврўзии мактаббачагон" низ дар бораи "дар баробари ширкати IRS аз андоз озод кардани онњо" дар њаёт татбиќнашаванда аст. Вале дар инљо банда на дар бораи андози месупоридаи мактаббачагон, балки дар бораи тифлакони нав ба дунё омада ва њуќуќњои поймолшудаи онњо сухан мекунам. Ба назар чунин мерасад, ки новобаста ба ќабули ќонуну ќарорњои зиёде дар бораи њифзи њуќуќи кўдакон дар амал чизе њифз намешавад ва давлат масъулияти ба дўш гирифтаи худро дар ин замина иљро намекунад.

"КЎМАКПУЛЇ" ВА Ё ФИРЕБИ ЌОНУНИИ МОДАРУ КУДАК? Маќолаи "ТАЊСИЛ, ДАРМОН, АНДОЗ ВА ОРЗУИ НАВРЎЗЇ"-ро, ки ба ќалами Абдуќодири Рустам тааллуќ дорад, дар шумораи гузаштаи њафтаномаи "Озодагон" хонда тасмим гирифтам, ки фикру андешањои худро рўи коѓаз орам. Зеро воќеан имрўз "тањсил" ва "дармон" аз масъалањои доѓи рўз аст, ки на танњо ба яке аз орзуњои амалинашавандаи фарзанди зањматкаши тољик табдил ёфтааст, балки мактаббачаи мо маљбур аст, ки барои тањсил ва дармон дар баробари маблаѓ андоз њам супорад.

Поймолшавии ќонунии њуќуќи модару кўдак Саволи матрањ ин аст, ки кўдаки нав ба дунё омада чи имтиёзи ќонуние дорад ва чї кўмаке аз давлат ба ў ва ба модараш расонида мешавад? Чанде пеш Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистонро вараќ зада аз мутолиаи моддањои 165 ва 219-и Кодекси мењнати амалкунандаи кишвар дарёфтам, ки тибќи ќонун кўдак то якунимсола шуданаш аз тарафи давлат бояд кўмакпулии оилавї, алалхусус пардохти якваќтаина ва "кўмакпулии њармоња" дар њаљми 100% (фоизи) њадди аќали моњанаи музди мењнат" бояд гирад. Оё дар амал чунин аст? Чаро модару кўдак имрўз ба љойи 100 фоизи њадди аќќал, ки дар айни замон 250 сомониро ташкил медињад, њамагї 40 сомонї кўмакпулї мегиранду халос? Чаро имтиёзи ба таври ќонунї људошударо давлат ба кўдак ва модари ў намедињад? Баъзе коршиносон сабаби асосиро дар он медонанд, ки дар ќонунгузорињои кишвар моддањои мухолиф ва духўрае мављуданд, ки имтиёзи мазкурро комилан аз байн бурдаанд ва онро њам гўиё "бо роњи ќонунї". Масалан дар сархати 10 моддаи 14-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи суѓуртаи иљтимої" дарёфтем, ки "Дар сурати додани рухсатї ба зан барои нигоњубини кўдак то ба синни якунимсолагї расидани он барои ин мўњлат дар љои кор аз њисоби маблаѓи суѓуртаи иљтимої ба андозаи 100 фоизи нишондињанда барои њисобњо кўмакпулии њармоња барои нигоњубини кўдак пардохта мешавад". Вале дар ќонун "Дар бораи буљети Љумњурии Тољикистон" барои солњои 2013, 2014, маблаѓи нињоии нишондињанда барои њисобњо дар њаљми 40 сомонї муќаррар карда шудааст, ки дар айни замон ба кўдак ва модари ў њамин маблаѓ дода мешавад, ки аз ягон лињоз мушкилоти мављудаи моддии модару кўдакро њал карда наметавонад, зеро ба ин маблаѓ, модар барои кўдакаш, њатто як баста тагпўш (памперс) харида наметавонад.

Кўмакпулї бояд чї ќадар бошад? Дар "Тафсири Кодекси мењнати љумњурии Тољикистон", ки бо муаллифии Худоёров Б.Т., Шонасриддинов Н. ва Муќомова С.А бо маблаѓгузории "Идораи њамкории Швейтсария дар Тољикистон" соли 2004 нашр шудааст, омадааст: "Кўмакакпулии њармоња барои нигоњубини кўдак то якуним сола шудани он ба модари кўдак њамон ваќт таъин карда мешавад, ки агар ў аз љойи кораш барои ин давра рухсатї гирад. Андозаи ин кўмакпулї 100 фоизи музди маоши њадди аќалро ташкил медињад. Дар шарњи моддаи 219 инчунин омадааст, ки "агар онњо (волидайн) кор ё тањсил накунанд, чунин кўмакпулї аз љониби шўъбањои њифзи иљтимоии ањолии мањалли истиќомати яке аз онњо дода мешавад". Ба назар чунин мерасад, ки ин ду мафњум яъне, "њадди аќали моњанаи музди мењнат" ва "нишондињанда барои њисобњо", ки комилан аз њамдигар фарќ мекунанд, имрўз боиси иштибоњ ва дар амал татбиќ нашудани имтиёзи кўдаку модар гардидааст. Бояд зикр намуд, ки аз лињози мавќеъ, таъинот, моњият низ мафњумњои "кумакпулї", "њадди аќали моњанаи музди мењнат" ва "нишондињанда барои њисобњо" ба њамдигар њељ алоќамандие надоранд. Зеро, нишондињанда барои њисобњо, љињати муќаррар намудани њаљми нињоии маблаѓи пардохти њаќќи хизматрасонињои мухталифи давлатї ва муќаррар намудани њаљми љаримањо дар мавриди ба њуќуќвайронкунињои маъмуриву љиноятї роњ додани ашхости дахл-

дор татбиќ карда мешавад. Вале "кумакпулї" ба андозаи "њадди аќали моњонаи музди мењнат" бошад, љињати аз лињозї иљтимої, яъне моддиву молиявї даситгирї намудани нафари эњтиёљдошта, аз љумла модару кўдак нигаронида шуда, аз њисоби маблаѓњои иљтимої пардохта мешавад ва ба зумраи њуќуќњои кафолатдодаи конститутсия ворид карда мешавад, ки њеч як маќомот ё санади меъёриву њуќуќии дигар, њуќуќи мањдуд кардани онро надорад. Тањлил ва омўзиш нишон дод, ки, агар њаљми маблаѓи нишондода барои њисобњо дар солњои 2013, 2014 њамагї 40 сомонї муќаррар шуда бошад, пас "њаљми њадди аќали музди мењнат" тамоюли афзоиш дорад ва аз 200 сомонї дар 2013, то ба 250 сомонї дар соли 2014, тибќи фармонњои дахлдори Президенти кишвар аз 13 августи соли 2012, №1313 ва аз 14 августи соли 2013, №1493 расонида шудааст. Яъне кўдак на 40 сомоние, ки имрўз ба ў дода мешавад, балки бояд 250 сомонї кўмакпулї ба кўдак њар моњ, то ба якунимсола шудани ў дода шавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро Кодекси мењнат кўмакпуилиро барои кўдак баробар ба 100 фоизи њадди аќали маош нишон додаст, вале Ќонун "Дар бораи суѓуртаи давлатии иљтимої" бошад кўмакпулиро ба "нишондињанда барои њисобњо" баробар кардааст. Мањз њамин ду нишондоди хилофи якдигар аз њуќуќњои иљтимої бархурдор будани модару кўдак"-ро мањдуд карда, онњоро аз њаќќи њалоли худ мањрум кардааст. Ин роњи ќонунии на-

пардохтани њаќќи кўдаку модар аст, вале муттаассифона "кўмак ва дастгирии кўдаку модар" номгузорї шудааст. Оё воќеан иќтисодиёти кишвари мо ба чунин вазъе расидааст, ки дигар имкони аз лињозї моддї таъмин намудани њуќуќ ва кафолатњои ба модару кўдак додаи Сарќонуни Љумњурии Тољикистонро надорад ва ба кўдаку модари ў ба љои 250 сомонї, 40 сомонї пардохт карда мешавад? Чаро мо ваќте сухан дар бораи андоз меравад, њатто ба мактабббачагон гузашт намекунем, вале чун сухан дар бораи имтиёзњои људошудаи ќонунии кўдакон меравад, онро сарфи назар мекунем? Ба ин савол муаллифи Китоби "Тафсири Кодекси Мењнати Љумњурии Тољикистон", ки дар гузашта Вазири адлияи кишвар буданд ва имрўз Рањбарии дафтари раёсати Љумњурии Тољикистонро ба ўњда доранд, чї посух мегуфта бошанд? Оё китоби мазкур танњо барои чоп навишта шудаасту њеч эътиборе надорад? Чаро он кас барои барќарор намудани њуќуќи кўдаку модар на дирўз дар замони вазири адлия буданашон ва на имрўз кўшише намекунанд? Ваќе мо њатто њаќќи тифлакони худро мехўрем, ба мактаббачагону донишљўён ва дигар табаќањои ањолї чї гуна рањм карда метавонем? Шояд президент дар паёми наваш ба Маљлиси олї барои бартараф намудани каммбудињои мазкур ва барќарор намудани њуќуќи кўдакон ба масъулин супориши наве дињад. Умедвор мешавем.

Муњаммад НАЗАР,

махсус барои "Озодагон"


№12 (321)

2 апрели соли 2014

11

мавќеъ Зарабони набз тундтар мезанад

њоро аз Украина мегирем, гуфт Сафват Бурњонов.

Бо омадани моњи апрел бўњрони Украина вориди 6-умин моњи худ шуд, вале њануз њам тањаввулоти ин кишвар дар сархати расонањои хабарии дунёст ва дар тозатарин мавриди он райъгирии зидди русие дар Созмони миллали муттањид баргузор гардид, ки дар он кишварњои Осиёи Марказї чандешон райъ надоданд ва чанди дигарашон аслан дар он ширкат накарданд. Аммо мавзуъи мавриди бањси мо ин нест. Балки мавќеъгирии кишварњои Осиёи Марказист. То имрўз љуз Ќирѓизистон ва Ќазоќистон, ки аз раъйпурсии баргузоршуда дар Ќрим љонибдорї карданд, кишвари дигаре аз ин минтаќа мавќеъи хешро муайян накардааст. Мавќеъи Тољикистон њам ба унвони яке дигар аз шарикони стратегии Русия ва Амрикову ѓарб, норавшан ва номаълум боќї мондааст. Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки Украина аз кишвари мо фарсахњо дур аст, ба њамин иллат баёни мавќеъ аз љониби њукумати Тољикистон маъное надорад. Аз љумла Шариф Муллоев устоди Донишгоњи славянии Тољикистон чунин мешуморад, ки њаводиси Укроин њеч таъсири сиёсие ба Тољикистон намерасонад. "Аз ин рў сиёсатмадарони мо ва дар умум љумњуриамон мавќеъи худро расман ва ошкоро нагуфтаанд ва намегўянд. Гумон мекунам, ки њаводиси Укроин ба сари вилоятњои мо намеояд зеро Украин аз мо дур асту мухолифини ќавї дорад. Вале давлати мо ва мардуми он зањрњои ин њаводисро чашидааст ва дигар намехоњад ин амалњо сар зананд", изњор дошт шариф Муллоев.

Балонњо

Мавќеъи оќилонаи њукумат Ин њам дар њолест, ки Нуралї Давлат таърихнигори тољик мавќеъгирии феълии њукумати Тољикистонро оќилона медонад: "Тољикистон бо ягон кишвар равобиташро сард карданї нест. Чун дар Украина мубориза миёни Русия ва Ѓарб рафта истодааст. Аз љониби дигар, Тољикистон бо худи Украина низ равобити хуб дорад, барои њамин нигоњ мекунад, ки вазъият дар он кишвар чи гуна мешавад ва баъдан мавќеъи худро расман баён мекунад".

Тавре маълум бештари коршиносону тањлилгарон оид ба адами мавќеъгирии Тољиккистон назароти монанде ба якдигар доранд. Аммо дар ин байн сиёсатшинос Аюб Эгамов назари дигаре дорад. Номбурда мегўяд, ки Тољикистон ба 4 далел дар зоњир мавќеъи худро муайян накардааст. 1. Дар сиёсати байналхалќї њукумати Тољикистон назари мустаќили худро надорад. Дар бисёр њолатњо аз мавќеъи Русия њимоят мекунад ва ё бо сукут ба ин мавќеъ розигии худро баён медорад. 2. Бо дастгирии руирости Русия намехоњад дигар шарикони худ мисли ИМА ва Иттињоди Аврупоро ранљонад. 3. Шахсоне, ки ба сари њуку-

ЧАРО ТОЉИКИСТОН МАВЌЕЪАШРО РАВШАН НАКАРД? Тољикистон њангоми овоздињї дар Созмони милали муттањид оид ба тарњи ќатъномаи мањкумсозии илњоќи Ќрим аз сўи Маскав ширкат накард ва мавќеъгирии худро норавшан гузошт. Дар Осиёи Марказї танњо Ќирѓизистону Ќазоќистон дар ин бора мавќеъгирї кардаанд. Ин гуфтањоро сиёсатшинос Парвиз Муллољонов таќвият бахшида мегўяд, ки чун бўњрони Украина њоло дар марњилаи ривољ ва таѓирёбияш ќарор дорад, муайян кардани муносибат бо он ба њамаи кишварњои собиќ шўравї бисёр душвор аст. Ба эътиќоди ин сиёсатшинос, сабаби дуввум дар он аст, ки мавќеъи Русия хеле муайяну устувор аст, барои њамин Тољикистон намехоњад, то муносибати худро бо Маскав вайрон созад. "Аз љониби дигар, мавќеъи ѓарб њам хеле устувор асту зидди мавќъеи Русия мебошад. Бинобарин Тољикистон ва дигар кишварњои собиќ шўравї низ намехоњанд, ки бо ѓарб муноси-

Фирори муњољири тољик аз боздоштгоњи Оренбург

Маќомоти пулиси вилояти Оренбург аз фирори ду муњољири мењнатїяк шањрванди Тољикистон ва як шањрванди Узбакистон хабар додааст, ки охири њафтаи гузашта сурат гирифтааст. Дар иттилоияи пањнкардаи ра ёс ат и пу ли си и н ви ло ят гуфта мешавад, ки муњољирон барои њузури ѓайриќонунї дар ќаламрави Русия боздош т шуда, исти рдодашонро ба Ватан интизор буданд: "Аммо охири њафтаи гузашта, субњ и барваќт ин муњољиронро њамроњ бо дигар боздоштшудагон барои корњои хољагидорї ба кўча бароварданд ва ин ду нафар аз фурсат истифода карда,

гурехтаанд." Б а ит ти ло и ма нб аъ р ўз и ша нб еи 2 9- ум и ма рт я ке а з ф и р о р и ё н , ша њ р в а н д и У з бакистон боздошт шуда, амалиёт барои боздошти м уњ ољ ир и то љи к ид ом а до ра д. Раёсати пулиси вилояти Оренбург мегўяд, феълан аз рўи ин њодиса санљиши хидматї таъин шуда, аз натиљаи он, гунањкорон барои хунукназарї муљозот мешаванд.

баташонро вайрон созанд. Дар инљо стратегияи бењтарин интизор шудан ва мавќеъи худро муайян накардан аст. Хусусан то даме, ки бўњрони Украина натиљааш мушаххас шавад. Чун мо намедонем, ки бўњрони Украина дар остонаи љанг ќарор дорад, ё инки мусолиња мекунанд", гуфт Парвиз Муллољонов. Боз дар таќвияти ин гуфтањо, тањлилгари тољик Сафват Бурњонов мегўяд, ки њукумати Тољикистон агар заррае дипломатия ва дурбинии сиёсї дошта бошад, бояд мавќеъашро умуман баён накунад. Баёни мавќеъ мазмуни марги њукуматро дорад. Ба эътиќоди номбурда, пули њукуматдо-

рон асосан дар Аврупо ва давлатњои наздиамрикої аст. Даромадашон аз Русия, аз бардафурўшї. Агар љониби Русия шаванд мисле, ки пулњои шахсии Путинро тавќиф карданд, аз пулашон мемонанд, љониби Украина шаванд, ашёи хоми бозорашон-муњољирон аз Русия хориљ мешаванд. Ба андешаи банда, бояд бетарафї ихтиёр кунанд. Ќирѓизњоро дидед? Тарафи Украина шуданд аммо Русия имрўз њукумати ќирѓизро дигар мекунад. Агар мантиќан бигирем ва Роѓунро њаёту мамот номем (чи тавре президент пайваста таъкид мекунад), стратегитарин шарики кишвари мо Украина аст. Генератор-

мати нави Украина омадаанд барои њукумати мо ношинос аст ва намехоњанд, ки бо онњо зиддияти ќавї дошта бошанд, чун Тољикистон низ бо давлати Украина алоќаи иќтисодии зиёд дорад. Бо ин вуљуд Аюб Эгамов мегўяд, ки њамакнун њукумати Тољикистон аз воќеъањои чанд моњи охири дар Украина ба вуќуъ омада хулосањои худро баровардааст. Нобудсозии балонњои резинии истифодашуда аз устохонањои Душанбе ва фитнаангезињои гуногун зидди њизбњои мухолиф аз гунаи њаминњоянд, хулоса намуд, Аюб Эгамов.

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА

Маќомоти пулиси Русия аз боздошти як гуруњи созмонёфтаи љиноии иборат аз 9 шањрванди аз 27 то 33-солаи Тољикистон хабар дод, ки дар роњзанї ва ѓорат муттањам мешаванд. Ба иттилои маќомоти пулис боздоштшудањо дар 14 њолати ѓорати соњибони бустонсароњои назди Маскав муттањам мешаванд. Манбаъ мегўяд, дастгиршудањо одатан шабона вориди хонањо шуда, соњибонро латукўб ва маблаѓу амволи ќиматбањояшонро гирифта, фирор мекардаанд. Маблаѓи умумии ѓораткардаи ин гуруњ 20 миллион рубл

Гуруњи 9-нафараи тољикон дар ѓорати 20 миллион муттањам мешаванд арзёбї мешавад. Пулис мегўяд, зимни бозљўї аз боздоштшудањо автомобили Мерседес, ниќобњо, таппончаи травматикї, корд ва ќисме аз ам-

воли ѓораткардаашон мусодира шудааст. Манбаъ мегўяд, алайњи ин афрод парвандаи љиної оѓоз шуда, онњоро то 15 соли зиндон интизор аст.


12

№12 (321) 2 апрели соли 2014

сўгворї Мо чи ќадар дер муттаваљењ мешавем, ки зиндагї як лањза будааст. Барои зиндагї муњим нест ту "шоњи" ё "гадо", марди ё зан. Њар чи ки њастї, њамон њастиву бас.Фаќат шарташ ин аст, ки арзиши онро бишносиву њурматашро нигоњ дорї. Дар мароми мо, рафиќон, нест тарки дўст, Ањд, бо њар ки бастем, љони мо дар дасти ўст. Солњои 1976-77. Сафари хидматї дар Эрон. Рафиќе доштам эронї бо номи Њаќдўст. Ў хеле далер ва ватандўсту мењнатпараст буд. Муддати хидматиам ба итмом расиду ба Ватан баргаштам. Пас аз чанд муддате дар Эрон инќилоб шуду њамкоронам низ ба Ватан баргаштанд. Онњо ба ман иттиллоъ доданд, ки дўстат дар Эрон шањид шуд. Писрам ба дунё омад, номи ўро барои поси хотири дўстам Њаќдўст нињодам, то ки мисли ў ватандўсту мењанпараст бимонад. Ту аз хурдсолї хеле шўх будї, њанўз мактабрав набудї, ки бачањои синфњои поёнї аз мактаб бармегаштанду аз ту мењаросиданд, чунки ту ботануманд будї. Вале бачадўст будї. Тамоми бачањою дух-

духтараш љарроњї шуда буду шароити љои хоб надошт. Гоње шабњо дар утоќи ту хоб мекард. Азбаски љои хоб набуд, парасторон ўро аз бемористон берун карданд ва ман, ки дар хона будам занг задиву хоњиш кардї, ки як то кўрпа биёварам. Ту он кўрпаро ба ў дода, мошинат, ки дар сањни бемористон ќарор дошт, гуфта будї, њар ваќт, ки љой пайдо накардї дар дохили мошинам бихоб... Ёдат њаст, барои аёдат бо модарат ба наздат омадем. Барои дидани беморони њамдењ ба бемористони Ќаряи Боло рафта будї. Ваќте аз он љо баргаштї, мегуфтї, ки барои дору ба дорухона рафта будам. Соли дуюм дардат дубора ављ гирифту хоњиш кардї, ки туро ба Маскав барои табобат бибарем. Бо тавсияи духтурон дубора љарроњї шудї. Умед доштї, ки табибони инљо туро аз дард наљот медињанд. Азбаски њавояш доимо боронї буд, дилтанг мешудї ва боз ба Ватан баргаштї. Дар Ќаряи Боло туро бистарї карданд. Ёдат њаст, дар канори дењаамон љўгињо хайма зада буданд. Ту бо бачањои онњо дўсту

СЎГВОРЇ БА РАФИЌИ БЕЊТАРИНАМ ЊАЌДЎСТЉОН Зиндагї дафтаре аз хотирот аст. Як нафар дар шаби тор, як нафар дар дили хок, як нафар њамдами хушба хтињост, як нафар њамсафари сахтињост. Чашм то боз кунем, умрамон мегузард ва мо њама њамсафарем. тарчањои гузарро навозиш мекардї, ба онњо кўмаки худро дареѓ намедонистї. Бењуда гузарињо намегуфтанд, ки ту дар оянда мудири кўдакистони дења хоњї шуд. Солњо сипарї шуданду ту мактабрав шудї. Дар мактаб намунаи ибрат будї ва тамоми устодонату њамсинфонат аз ту розї буданд. Мактаби миёнаро хатм кардию ба донишгоњ ќабул шудї. Њангоми донишљўї баъд аз тадрис ба машќу тамрини љисмонї машѓул шуда, бадани худро обутоб медодї. Њаќиќатан тану бозуи калон доштї, вале касеро азият намедодї, бо он фахр намекардї. Баръакс њалиму хоксору рањмдилу љавонмард будї. Соли сеюми донишчўиат сипарї мешуд. Саломатиат хуб набуд. Барои таътил ба дења омада будї. Барои муонаи духтурон ману модарат туро ба Душанбе бурдем. Пас аз муоина, духтурон тавсия доданд, ки бояд чарроњи шавї. Ташхисњои гуногунро ќабл аз љарроњи супоридї. Натиљаи ташхисњо мусбат буданд ва танњо ташхиси захми меъдаро ба ту гузоштанд. Як моњ зери назорати духтурон табобат гирифтї, фоидае набахшид ва сипас ба љарроњї розї шудї. Тамоми хешу табор ва пайвандон мунтазири мусбат анљом ёфтани љарроњї чашм дар интизор буданд.Љарроњї хуб анљом ёфт ва таи чанд рўз да шўъбаи эњё бистарї шудї. Он рўзро ман њељ гоњ фаромўш нахоњам кард.10 майи соли 2011. Духтур маро ба утоќи кории худ хонд. Натиљаи амалро ба ман аз дур маънидод мекард ва фаќат дар лањнаш калимањои "омос", "варам" пай дар пай такрор меёфтанд. Бовар кунед, бо шунидани ин калимањои љонсўз љонгудоз тамоми аъзои баданам, пойњоям бемадор шуданд. Бо ашки селборону тани заифу бемадор, аз духтур дари баромади эњтиётиро пурсида, ба берун ки боѓ буд, баромада даст ба омин бардошта бо доду фарёд ба худо мурољиат намудам: Эй яздони пок! Магар писари ман ба касе гуноњ карда, касеро ранљонидааст, ё магар дасти кўмаки худро нарасонида, ё магарњои дигар... Пас чаро ба пањлавонписарам, чунин дардро раво дидї? Саратон! Саратон! Саратон! Лаънат бар ин калимаи зишт. Воќеан, исмаш њам зишт аст! Ин мудњиштарин рўз барои ман буд. Чашмони ашколудамро бо об шуста, ба назди хешу табор ва пайвандон омада, аз мусбат анљом ёфтани љарроњї мужда расонидам. Ин хабари шумро танњо худам медонистаму духтуру худо. Ду моњ дар бемористон бистарї шудї, хушњол будї, ки љарроњї хуб анљом ёфт ва рў ба бењбудї аст. Њамутоќат, Манучењр найнавози хуб буд ва фаќат аз дарди ту бехабар ба ту най менавохт ва ту аз оњанги найи ў, аз дарди худ бехабар, лаззат мебурдию бо ў шўхї мекардї. Њамаи парасторон туро дўст медоштанду бо ту мењрубон буданд. Вале дили маро гургон тала мекарданд. Ман љои нишаст намеёфтам. Боз ба пушт, самти боѓ мерафтаму дур аз онњо зери сояи дарахтон ашки ѓам, ашки њасрат, ашки људої мерехтам. Ба худо нола мекардам, чаро ба мани саѓира, ки дарунам пур аз дарду ѓам аст, бар замми ин боз ба ќалби аз захмњои саѓирагї шифонаёфтаи ман дубора ханљар мезанї ва љавони 25 солаи маро, ки такягоњу пушту паноњам буд, аз ман мерабої. Нигоњи сокити борон ба рўи суратам мечакад, вале борон намедонад, ки ман дарёе аз дардам. Ба зоњир гарчї механдам, вале андар сукуте талх мегирям. Ёдат њаст, дар бемористон шањртусие, ки

рафиќ будї. Нисфи шаб буд, касе аз онњо занг зада гуфт, ки бачаашон кўррўда шудаасту то бемористони маркази ноњия ўро бирасонї. Ту рафтиву рўзи баъд баргаштї. Табибон гуфтаанд, ки бамаврид овардаї, вагарна љонашро аз даст медод. Дар бемористони Ќаряи Боло саломатиат бењтар нашуд. Тасмим гирифтем, туро ба дења бибарем, ба умеде, ки бо пайвандону њамсинфонат хамсўњбат мешавию аз ин дард рањо меёбї. Дар канори роњ писаре бо рубоб таронаеро зам-зама мекард.Ту хоњиш кардї, ки мошинро нигањ дорем ва он писар бо назардошти мариз буданатаз тањти дил чандто сурудро бароят хонд ва ту хушњол будї, эй бехабар аз дарди худ писарљонам! Писарљони нозам, ёдат њаст ту худ мариз будиву барои муоинаи табибон бо модару акоят туро ба маркази ноњия бурдем. Њангоми баргаштан, ки акоят дар пушти фармон буд, гуфтї, мошинро ба самти бемористони беморињои рўњи гардон. Бо асо худ назди маѓоза аз мошин пиёда шудию бо дастовез ба мошин савор шуда ба бемористон омадї. Маризон дар сањни бемористон буданд. Ту аз мошин пиёда шудию њамдењаамон, ки бемор буд, бо дидани ту, акољонам Њаќдўстљон гуён ба истиќболат давид. Аз он љо боз ба аёдати њамсинфат, ки дар мањбасхонаи корњои дохилии ноњия ќарор дошт, рафтї онро аёдат кардї. Эй писарљони аз дарди худ бехабарам, њамаи хислатњоят, кирдорњои некатро афсўс мехурам, ки ба рўи ќоѓаз оварда наметавонам. Ин фаќат ќатрае аз он буду бас... Зиндагї иљбор аст, марг ихтор аст, дўстї фаќат якбор аст, аммо људои душвор аст. Ваќте, ки рўзњои вопасинат, рўзњои алвидоъиат наздик мешуданд, мегуфтї, сад афсўс, ки аз худ насле боќї нагузоштам, ман бесамар ин дунёро хайрбод мегўям. Њарчанд гиря, мекардї, дарунат месўхт, бемадору заиф шуда будї, вале ашк аз чашмонат љорї намешуд. Фаќат ќалби нозукат дарак медод, ки рўзњои охирини умрат аст. Ин сатрњоро навишта истодааму ашкони селборони ман рўи ќоѓаз љорист, эй писарљони аз дарди худ бехабарам! Ёдат њаст, васият карда будї, маро дар пањлўи бибиам ба хок супоред ва танњо як аксатро нишон дода гуфтї, ки санги мазорамро бо ин акси донишљўиям ба рўи ќабрам гузоред ва мардум, ки аз канори ќабрам мегузаранд, мани љавони бенишонро фаромўш накунанд ва ба худ бигўянд, дунё њамин будаасту бас... Рўзи љанозаат бобои пират, акоњоят, янгањоят, хоњарат, љиянњоят, пайвандонат ва хурду калони дења зор-зор мегиристанд. Писарљонам, васиятњоятро баљо меоварем, вале туро дигар намеёбем, бо ту њамсўњбат намешавем, хандањои ширинатро, табассумњои зебоятро, шўхињоятро дигар нахоњем шунид... Ёдат њаст, гоњ-гоњ рўзњои офтобї акоят бо мошин туро ба канори рўди Зарафшон мебурд. Ба акоят гуфта будї, курсињои ин мошин сахт асту ягон мошини сабукро бихар. Вале њайњот, сад афсўс, мошини сабук њам омаду ба ту таќдир накард, ки ба он биншинию ба соњили рўд биравї. Мошин омаду соњибашро пайдо накарда, гуё ашкрезон мегуфта бошад: Ман самандат омадам, ку тозандаи ман? Кош будї, то дилам танњо набуд, то асири ѓуссаи фардо набуд. Кош будї,то фаќат бовар кунї, бе ту њаргиз зиндагї зебо набуд.Ту будї бовари ман, ту будї писари ман, рафиќи охири ман.Ту будї шўри њастї, ту ёру ёвари ман!

Писарљонам! Медонї, дарё чаро дарё шуд? Ба хотири мављњояш, агар мављ надошт, њељ гоњ дарё намешуд. Ту мављњои ман будї, ки ба соњил нарасида, сангњои лаби онро ламс накарда, фано гаштї! Њар бор љиянњоят аз ман суол мекунанд, бобо чаро амакљонам намеоянд, чаро ба мо дафтару ќалам намеоранд, чаро моро ба мошинашон савор намекунанд, чаро ва чаро... чароњои дигар? Ашк гулўгирам кард ба љавобњои онњо ољизам, чї гуфтанамро намедонам. Агар барги дарахт дар тирамоњ намерехт, љое барои рўидани баргњои бањорї пайдо намешуд. Ту мисли баргњои тирамоњї аз дарахт рехтї ва љоеро барои рўидани баргњои бањорї нагузоштї... Тирамоњ аз зимистон ѓамгинтар аст, чун бањорро надидааст. Вале ман тирамоњ ѓамгинтарам, чун муддатњост, ки туро надидааму ба ёди ту ашк мерезам ва ба ёди ту мемирам. Зиндагї худ довар аст. Њамеша барои касе биханд, ки медонї ба хотири ту шод мешавад. Барои касе гиря кун, ки медонї ваќте ѓусса дорию ашк мерезї, бароят ашк мерезад... Барои касе ѓамгин бош, ки дар ѓамат шарик аст... Ёдат њаст, охирњои тирамоњ, сагеро, ки дасташ захм бардошта хуншор шуда буд ва дар канори роњ хобида мадори роњ гаштанро надошт. Ту ўро бо мошинат оварда дар боѓи лаби рўд дорую дармон кардї. Њар ваќт, ки ту бо мошинат ба боѓ мерафтї ба истиќболат медавид, чархњои мошинатро навозишкорона ламс мекард, хез карда ду дастонашро ба рўи шонањоят мегузошт, сару рўятро мебўид ва то хамгашти роњ аз паси мошинат медавиду бо ту хайрухуш мекард. Баъди шифо ёфтанаш ба дењ оварда пиёда кардї, то ки соњибашро пайдо кунад. Вале баъд аз ду рўз боз ба боѓ баргашт ва муќими он љо бимонд. Дар фасли зимистон ту њар рўз барояш ѓизо меовардию бозї мекардї. Дар рўзи худоњофизии абадиат њама дар њайрат буданд, саг низ ашк мерехт. Як њафта ў чизе нахўрд. Маљбур шудем, ўро ба яке аз хонаи ошноямон, ки њамсоядењ буд, бибарем. Ёздањ моњ сипарї шуд. Дирўз акоят сагатро овард, ки њама бо дидани ў гирён шудем... Дар дилат орзуњои зиёде доштї, афсўс, ки он орзуњоят љомаи амал напўшиданд. Ёдат њаст, мегуфтї, ман пас аз хатми донишгоњ ин кору... корњои дар дилат парвардаро хоњам кард. Аммо аз худ бехабар будї, ки ту мариз њастию он орзуњоят дар нимароњанд. Орзу доштї, ки дар рўзи арўсиат њамсинфонат мошинсавор ту ва арўси нозанинатро ба боѓамон, ки дар соњили рўд воќеъ аст, мебаранду бо дўстонат аз хушњолї мераќсиву меболї. Вале, эй аз дарди худ бехабар писарљонам, ин њама орзу, руъё буданду бас... Модарат дар дил орзуњои зиёде дошт. Бароят љомаи домодї духтаву дар сандуќ нигањ дошта, ки рўзи тўи арўсиат онро худаш ба ту мепўшонад. Эй писарљони аз таќдири худ бехабар, чи донї, ки он љомаи домодиро дар бар намекунї ва модари зорат то њол онро мебўсаду мебўяд ва шабњо бо дастони ларзонаш онро ламс карда "ин љомаи домодии писарљони дар бар накардаам" гўён ашки селборон мерезад. Њар вакт, ки аз пањлўи ќабристон бо модарат мегузарем, ту гўё аз пасамон мегуфта бошї: Эй додо, эй оча! Ба куљо равонед, чаро маро танњо гузошта худ ба боѓ намебаред? Њар ваќт, ки ба боѓи канори рўд меравем, нињолњои шинондаатро сарсабзу хуррам дида, бо онњо њамсўњбат мешавем. Онњоро навозишу ламс карда, аз њолу ањволи ту пурсон меша-

вем. Охир бо ки њам сўњбат кунем, эй писарљони аз дарди худ бехабарам? Нињолњои шинондаат мегўянд: моро шинондї, об додї, сарсабзу хуррам гардондї. Бубин чи ќадар мевањои мо пуршањду асалборанд, вале ту аз лаззати онњо бањрае њам набурда, моро танњо гузоштиву худ рафтї... Њар ваќт, ки гузорам ба боѓи лаби рўд меравад, андоваи нотамоматро, гулњои нобўидаатро .... дида дилам реш-реш мешавад. Осмонро ќисмат карданд. Порае барои барг, порае барои рўд, порае барои бањр... Диламро ќисмат карданд ... порае барои ту ... порае барои ту ... порае барои ту ... Парвона намемирад, чун гул ба баѓал дорад. Ин сина намемирад, чун ёди туро дорад. Дар рўзи мотамат ду зани њамсоядењ, ки ман онњоро намешиносам ашки андўњи сўзон мерехтанд ва ман аз наздикони худ ки будани онњоро пурсон шудам. Њаќдўст барои пур кардани бензин ба пойгоњи сўхт (заправка) меравад. Рўз бегоњ шуда буд. Ин ду зан, ки писарашон мариз буду оњу вой мекард ба истгоњи автобусњо меоянд ва аз автобус хабаре набуд. Онњо аз ў хоњиш мекунанд, ки онњоро то маркази ноњия ба бемористон расонад. Ў онњоро ба бемористон бурда, духтурро аз хонааш оварда, бачаро муоина карда, бо навиштани рўихати доруњо, онњоро ба дењ мерасонад. Ва он ду зан барои хидмат ва сарфи бензин ба ў пул дароз мекунанд. Вай танњо љавоб медињад: ин пулро барои хариди доруњои фарзандатон сарф кунед, ба ман танњо дуои хайр бидињед. Гул агар хушк шавад, пояаш мемонад, фарзанд агар људо шавад, танњо хотирааш мемонаду бас ... Ханда бар лаб мезанам, то кас надонад ѓами ман, Варна ин дунё, ки мо дидем, хандидан надошт. Агар ханда аз лабњоям гурезад, агар ашк аз чашмњоям гурезад, агар аз гиря дарёе бисозам, агар ханда руъёе бисозам, лањзае аз ёди ту дур нахоњам монд. Дар пањлўи мазорат як то сада њаст, ки гўё худо барои ту ато карда бошад ва њамин сада аз ту нишонї мондаасту бас. Фасли бањор њам фаро расид. Рўзи мавлудатро ба сари мазорат рафта, бо дуову фотиња ёд кардем. Садаат сарсабзу хуррам шудасту мегўяд: Ту осуда бихоб зиндагї гарчанд ба ту бевафои кард. Ман ба ту бо итминони комил ќавл медињам, ки бовафо ва содиќ хоњам монд. Ин нишонаи ту манам, эй бесамар Њаќдўстљон! Ман туро аз гармои тафсони тобистон њифз мекунаму ба мазори ту дар шабњои тор нур мебахшам. Таи як сол садаат каме ќомат афрохта, дар шохчањои сарсабзи он булбулону гунљишкон, ки дар тифлият ба онњо дон медодї, бо арзи сипос, ба хотири ту чањ-чањзанон дар васфи ту, ѓўрамарг месароянду зор-зор гиря мекунанду марсия мегўянд. Борон сим-сим меборад, баргњои сарсабзи садаро тар карда, ќатрањои он чак-чаккунон бар сари мазори ту мерезанд ва сада низ бо булбулону гунљишкон њамовоз шуда ба њоли ту ашки андўњ, ашки њасрат мерезад ва сада мегўяд: Ин ќатрањои ашки сўгвори ман то охирин лањзањои њаётам бар сари мазори ту мечаканд, ту фаќат осуда бихоб, эй љавони аз сад гулаш як гулаш нашукуфтаи ман... Ваќте дилам бароят танг мешавад, меравам дар миёни абрњо зор-зор гиря мекунам. Пас, ёдат бошад њар ваќт, ки ќатрањои борон чакчаккунон ба рўи мазорат меборанд, он ашкњои чашмони мананд. Шамъи сўзони туям, ин гуна хомўшам макун, Аз канорат рафтаам, аммо фаромўшам макун. Телефонат чун ёдгори абадї, нишона аз ту дар дасти модари зорат аст. Занги вурудии он доимо љавоб медињад: муштарии мавриди назари шумо дар шабака вуљуд дорад, вале садояшро, овози танинандозашро, шўхињояшро, хандањояшро дигар нахоњед шунид. Орзу дорам бифањмї дардро, орзу дорам бифањмї талхии сардро. Мерасад рўзе, ки шабњо дар канори акси ман номањои кўњнаамро як ба як вараќ занию маро ёд кунї. Ёдат њаст, ки худ гуфта будї: Ваќте ба дунё омадам, бо чашми ашкбор омадам. Ба гиряам хандањо карданд, хандаи талхи онњо аз гиряи ман ѓамангезтар буд. Зиндагиро бо гиря оѓоз кардам ва бо гиря падруд гуфтам. Њар гоњ дафтари хотиротро вараќ мезанам, њар гоњ зери поям хаш-хашњои баргњои тирамоњиро эњсос менамоям. Њар гоњ дар миёни ситорагон як ситораеро хомўш мебинам, дар гўшае аз зењни худ, на бар забон, балки аз тањти дил бароят мегўям: ёдат ба хайр! Худовандо нагузор, ки аз ту фаќат номатро бидонам ва нагузор, ки аз ту танњо машќ кардани исматро ба ёд дошта бошам. Њамвора дар ман љорї бош, њамон гуна, ки хун дар рагњоям љорист. Худовандо, аз ту мехоњам, ки њаргиз дар биёбони њавлноки зиндагї бе ёвар рањоям накунї. Аз ту мехоњам, ки дар роњи пурпечу хами зиндагї танњоям нагардонї, ки њамвора мўњтољи вуљудат мебошам. Омин... Кош, аз шохаи сарсабзи њаёт гули андўњи маро мечидї...

Муњаммадназар БОЕВ


№12 (321)

2 апрели соли 2014

13

ёдбуд

ПАЙВАНДИ АМАКИ ГУЛМУРОД Як сол мешавад, ки Пайванди Гулмуродзода, адиби публитсист, муњаќќиќи журналистикаи миллї дар байни мо нест. Вале ёди сўзноки ин дўсти мушфиќ њамарўза дунболагиру домангир аст. Дар арафаи солгарди даргузашти бармањали ў дил мехоњад дар зимни зикри хайр, аз бунёду сарчашмаи фитрати неки фарзанд, падари бузургвораш низ ёд кунем… Амаки Гулмурод зодаи дењаи Ўхми ноњияи Фориши вилояти Самарќанди (њоло Љиззахи) Љумњурии Ўзбекистон мебошад. Ў Ўхму дигар дењањои тољикнишини кўњистони ин марзу минтаќаро њамчун як ќисми таркибии Тољикистон мањсуб медонист ва бо нияту орзуњои умедбахш умр ба сар мебурд. Ўхм ба дењаи њамшафати Порашт, зодгоњи банда аз њар љињат пайвастагї дошт. Дар байни ин ду дења теппаи баланду азиме мављуд аст, ки онро сокинони ин диёр Ќубои "Санги кар" меноманд ва дар ин хусус афсонањои аљоибу ѓароибе мегўянд. Наќл мекунанд ва низ ривоятњое њаст, ки њар сари чанд ваќт аз даруни ин Ќубо акси садои дањшатноке ба гўш мерасидааст. Мусофирон њамеша ин љойи муќаддасро зиёрат мекунанд. Амаки Гулмурод, ки хаткашони минтаќавї буд, бо ин роњ садњо маротиба аспсавор гузаштааст. Тавре Пайванди Гулмуродзода дар китобчаи "Гулмуроди нависанда" (-Д.1996), ки ба ёди падар иншо намуда, ба табъ расонида буд, менигорад: "Падарам масофаи 40-50 километрро бо асп тай карда, ба маркази ноњия меомаданд ва рўз андар миён барои мардуми дењањои атроф рўзномаву маљалла, мактубу нафаќапулиашонро мебурданд…" Ўхм дењаест дар оѓўши дараи дуру дароз љой гирифтааст, ки бо кўњњои баланди осмонбўс пўшида. Табиаташ бенињоят зебо, обу њавояш фораму дилнишин, обњои ширини чашмањояш ба мардум њаловат мебахшад. Амаки Гулмурод ана дар њамин дењаи хушманзараи сабзу хуррам ошёни пурфайзу баракат гузошт, боѓу роѓи мевањояш шањду шакар бунёд кард ва фарзандони неку солењ тарбия карда, ба камол расонд. Онњо 7 нафар буданд, 3 писару 4 духтар. Писарон Пайванд, Фаррух ва Фирўз. Падар дар баробари таъмини ањли оила таълиму тарбияи фарзандонро дуруст ба роњ монд. Аз дењаи дурдасти кўњистон бањри маълумоти олї гирифтан ба шањрњои калон фиристодани духтарон кори мушкил аст, вале писаронро бояд хононд. Љавонписарони мактаби миёнаро хатмкарда аз дењоти ин минтаќа маъмулан дар макотиби олии шањрњои Тошканду Самарќанд тањсил мекарданду ањён-ањён сўи Хуљанд роњ пеш мегирифтанд. Соле, ки писари калонї Пайванд

мактаби миёнаро ба поён мерасонд, Амаки Гулмурод ба ќароре расида наметавонист: Ўро ба Тошканд барад ё ба Самарќанд? Пайванд, ки аз хўю хислат, балки мавќеи устувори адолатхоњию њаќталошии падар огоњ буду бањраманд, падарро аз дудилагї рањонид. Гуфт, ки чун журналист шуданї асту дар мактабњои олии Самарќанд чунин ихтисос нест, ба Душанбе меравад ва илова кард: "Кўдак њам бошам, дар ёдам њаст, ки ба олимони аз Тољикистон омада ваъда карда будед маро хонданї ба Душанбе мефиристед". Амаки Гулмурод чубуќи тамокуашро дуд монда, як табассум карду дигар чизе нагуфт. Чї њам мегуфт, баръакс, ба дил хурсанд шуд, ки писар аз кору пайкор, њаќталошиву адолатљўии ў сабаќ бардоштааст ва мехоњад идомадињандаи ин роњ бошад. Ба ёдаш омад, ки соли 1959 фолклоршиноси тољик Бањром Шермуњаммадиёну њамкоронаш Рўзї Ањмад, Фарруха Зењниева, Мањвашхон Њодизода бањри гирдоварї, тањия ва нашри эљодиёти лафзии мардуми кўњистони Фориш омада, дар фосилаи сафари дењањањои гирду атроф дар ду мењмонхонаи њавлии берунаи онњо - "ситоди экспедитсияашон", хуфту хез мекарданд. Фолклоршиносони душанбегї бо Амаки Гулмурод зуд унс гирифтанд, на танњо аз он ки ў њавлиашро ба ихтиёри мењмонон вогузошта, аз њолашон мунтазам хабардор мешуду кўшиш дошт то онњо худро мусофир њис накунанд, яъне, мењмондори самимї буд, на танњо аз он ки улоѓи сафарашон (он солњо воситаи наќлиёт аспу хар буд) њамеша муњайёву роњбаладашон таъмин, балки бештар аз он ки Амаки Гулмурод њамнишини хушсўњбату марди фозиле буд. Амаки Гулмурод на танњо дар бораи фолклори дењоти гирду атроф, балки дар дилхоњ мавзўъњои хоњ таърихи гузаштагон, хоњ вазъи кунунї ва имконоту мушкилоти ояндаи дењоти тољикнишини минтаќа метавонист бо далелу арќом соатњо њарф занад, зеро солњои охир ба туфайли касби хаткашонї аз набзи рўзгори минтаќа ба хубї огоњ буд. Гоњо аз сабаби пеш омадани кори таъљилї ба сўњбати мењмонон наметавонист расад, аз љумлаи муаллимони забону адабиёти мактаб якеро, аксаран њамсояаш Нусратулло Њикматовро, хоњиш мекард "душанбегињоро зиќшавї нагузоранд". Ва "ваъдаи ба олимони душанбегї додаашро" иљро кард: Пайванди журналистшавандаро ба шањри Душанбе овард.

Амаки Гулмурод табиатан њаќталош буд ва бањри бењдошти рўзгори сокинони на танњо дењаи худ, балки барои ислоњи камбудиву норасоињои вазъи минтаќаи тољикнишин, аз ќабили Порашт, Њоят, Асраф, Мољарм, Синтаб, Соб ва Эљ талош дошт. Тадбирњои обёрии заминњои ташналаб, мумфарш кардани роњњои дењањои дурдаст, таъмин намудани макотиб бо китоби дарсї ва дигар лавозимоти мактабиро мељуст, бо мактубу шифоњї ба маќомоти дахлдор пешнињод мекард. Пайванди Гулмуродзода бо гузашти солњо дар китобчаи "Гулмуроди нависанда" пораеро аз чунин часпу талошњои падар аз наќли мўйсафеди пораштї Чаќќон Ярашев меоварад: "- Худорањматї Гулмурод доим гапи њаќро мегуфту манфиати мардумро њимоя мекард. Њамин рўзи вафоташ њам бо Худорањматї якљоя аз район бармегаштем. Хеле њазлу шўхї кардем ва ваъда кардем, ки баъди дусе рўз маркази вилоят меравем, ба назди њоким даромада, масъалаи заповедник (мамнўъгоњ)-ро мемонем. Охир дар ягон љо ин хел нашудааст, ки боѓу замини мардумро гирифта, заповедник карда бошанд… Њамон рўз хурсанд буд, ки мактубаш ба раиси Олий Маљлис расидааст ва дар сессия онро хондаанд. Мувофиќи хоњишаш президент Ислом Каримов ќабул карданї шудаанд. Агар умраш боќї мебуду ба назди президент медаромад, њатман ин масъала њал мешуд…". Њаќталошии амаки Гулмуродро на танњо сокинони минтаќа медонистанду дар њолати зарурї ба ў мурољиат мекарданд, инчунин мардуми тољики вилоятњои њамсояи Самарќанду Бухоро ва Сирдарё низ рўбарўву ѓоибона ўро меписандиданд, на бо писханд, балки эњтироман "Гулмуроди нависанда" мегуфтандаш. Ба китоб-ёдномаи падар "Гулмуроди нависанда" унвон гузоштани Пайванд аз њамон љост. Дарвоќеъ, "Гули мурод" ном гирифтани маљаллаи хусусии таъсисдодаи Пайванди Гулмуродзода дар замони истиќлол низ, рамзе аз номи падар аст. Амаки Гулмурод ягон мактаби олиро нахондааст, вале дониши Худододу љањонбинии васеи табииаш пурмўњтаво ва арзишњои баланд дошт. Ў ба мутолиаи асарњои ниёгон рў овард, дар миёнсолиаш аз "Ќуръони маљид" ва "Чоркитоб" сабаќ мегирифт. "Дод моро китоб то хонем, кард моро хитоб то донем"-ро дар нишасту сўњбатњо такрор мекард. Фарзанди дигараш

Фирўзро низ бањри тањсил ба Душанбе овард. Бо вуљуди басо мушкил будани имтињонњои дохилшавї дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон, Фирўз низ сарбаландона донишљў шуда, хубу аъло тањсил намуд ва баъди хатми Донишгоњ дар маќомоти прокуратураи шањри Душанбе ба кор монд. Пайванди Гулмуродзода дониши назариявии журналистиашро ба кори амалї пайваста, бо дили гарм ба ќатори рўзноманигорон дохил шуд. Чанд соле дар Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон кор кард. Сирру асрор ва нозукињои рузноманигории хоси радиову телевизионро фањмид. Бо рўзноманигорони таљрибадору варзида аз наздик шинос шуд, аз онњо таълиму тарбияи касбї гирифт. Дар пайравии онњо гузоришу очеркњои хуб навишта, боварии устодонро ба љо овард, мавќеашро дар љодаи журналистика муайян намуд. Мавзуъњои асосии очерку гузоришњо ва намоишу барномањо аз худшиносии миллї, омўхтани мероси ниёгон, адабиёту санъат, тозагии забон, илму фарњанг ва мактабу маориф иборат буданд. Акнун ањли ќалам ўро њамчун яке аз журналистони боистеъдод, ояндадор шинохт. Пайванди љавон ба тањќиќу баррасии масъалањои журналистикаи муосир ќаноат накарда, ба омўхтану љустуљўи таърихи забони ноби тољикї, шоњасарњои классикон ва илму маориф камар баста, ба дастовардњои дилхоњаш соњиб гардид. Дарсу сабаќњои аз устодони барљастаи забон ва адабиёт, профессорон Њилол Карим, Додољон Тољиев, Шарифљон Њусейнзода, Соњиб Табаров, Воњид Асрорї ва дигарон бардоштааш, дар љараёни фаъолияти илмию журналистиаш кор доданд. Мегўянд, ки адаб тољест аз нури илоњї. Пайванди мо ба њамин тољ соњиб шуд. Дониши амиќу истеъдоди Худододаш ўро аз журналистикаи амалї ба Донишгоњи миллии Тољикистон овард. Дар ин даргоњи муќаддас омўзгор будану дарс гуфтан масъулияти зиёдеро таќозо мекунад, ки ин ба њар кас муяссар мешавад. Пайванд дар њамин љо обрў гирифт. Ду маротиба декани факул-

тети журналистика интихоб гардид. Њамроњи устодону њамкорон барои бењдошту пешрафти соњаи журналистика дар асоси талаботи замон барномањо сохта, амалї намуд, обрўю эътибори факултетро ба маќоми баланд бардошт. Чун нависандаи баркамол, журналисти пухтакор, олими сермањсул ва омўзгори шинохта асарњои зиёдеро таълиф намуд. Услуби асарњояш рангин, забонаш равону шево, андешањояшро олимонаю орифона менавишт. Тавассути асару гузоришњои илмии арзишманди эшон ному корномаи маорифпарварону рўзноманигорон ва тарљумонњои машњури Самарќанду Бухоро аз ќабили Абдуррауфи Фитрат, Мирзо Абдулвоњиди Мунзим, Сайидризо Ализода, Абдулќодири Шакурї, Иброњими Саидкамолзода, Њомидхољаи Мењрї, Абдулќодир Муњиддинов, … Бењбудї зиндаву љовид гардидаанд. Дар маљаллаи илмї, адабї, фарњангии "Гули мурод", ки бунёдгузор ва сардабираш Пайванди Гулмурозода буд, силсилаи асару маќолањои маорифпарварону адибон ва рўзноманигарони тољик борњо интихобан ба чоп расидаанд. Пайванд дар тањия, тањрир ва таќризи асарњои устодонаш профессор Воњид Асрорї, шоир ва нависандаи мањбуб Бањром Фирўз ва фолклоршиноси маъруф, профессор Бањром Шермуњаммадов сањми арзанда гузошт. Таќрибан як моњ пеш аз даргузашташ аз Пайванд пурсидам, ки рисолаи докториашро кай ба њимояи шўрои илмї мегузорад? - Рисола тайёр, ваќтњои охир каме серкор шудам, бо роњбарияти донишгоњ маслињат мекунам ва насиб бошад, аз пайи њимоя мешавам, - гуфт бо табассуми ба худ хосаш. Сад афсус, ки бевафої кард умр. Пайванди Гулмуродзода њарчанд љавон ин дунёро падруд гуфт, вале бо осори гаронбањову корњои неки анљомдодааш арвоњи падар - Амаки Гулмуродро шод карду дар олами илму маърифат аз худ номи нек ба ёдгор гузошт. Ёдаш ба хайр…

РАСУЛ ШАРИФОВ,

Корманди Шоистаи Тољикистон


14

№12 (321) 2 апрели соли 2014

чашмандоз Муњибуллоњи ЌУРБОН

ПАХТАИ СИЁЊ (Охираш. Идома аз шумораи гузашта) Дар мавсими пахтачинї тањсил дар мактаби миёна аз синфи чор боло, омўзишгоњњои њунарї ва техникуму донишгоњњо ќатъ мешуд ва њама ба сањро мебаромад. Агар њаво муътадил ё гармтар меомаду пахта барваќттар мешукуфт, одатан, нимањои дувуми сентябр ва агар пахта дертар мерасид, дарс аз аввали октябр ќатъ мегардид ва тамоми донишљўён ба пахтачинї мебаромаданд. Автобусњо дар назди донишгоњњо ќатор мешуданд ва њамаи донишљўён бо бистару болишт ба дигар ноњия ба муддати ду ва њатто то се моњ ба пахтачинї фиристода мешуданд. На танњо мактабњои оливу миёнаи махсус, балки шогирдони мактаби миёна аз синфи панљ то ёздањ аз дења ва ё шањр тавассути корвони автобусњо ба дигар ноњия ва ё аќаллан ба дигар дења фиристода мешуданд. Барои чидани пахта пул њам медоданд, вале нархи чиниш хеле арзон буд. Аввалњо ба як килограмм пахтаи чида панљ тин медоданд, лекин солњои баъд пардохт андак боло рафта, ба 10 ва 20 тин мерасид. Соли 1958 ман дар синфи панљ мехондам ва аз сабаби он ки дар он солњо њанўз на њама шањодатномаи таваллуд доштанд, ба синфи яки мактаб ба љойи њафтсола гоње шашсола ва њатто панљсола ва гоње њаштсолаву нўњсола њам мерафтанд. Аз ин сабаб аввали октябри 1958, замоне ки моро аз дењаамаон Чоркўњ ба дењаи Чилгазї ба пахтачинї бурданд, њанўз ёздањсола набудам. Моро дар як бошишгоњи сањроии пахтакорон љой карданд, ки фарш надошт ва мо ба замин пахол партофта, рўи он бистар мегустурдем. Соати њафти субњ моро бедор мекарданд ва то ним соат субњона мехўрдем, ки иборат буд аз ду ё се ќанди сафеду як порча нон Тахмин соати 8 ба сањро мерафтем. Ман, ки бори нахуст аз модару падар људо шуда будаму аз аксари њамсинфонам як сол хурдтар будам, њангоми чиниши пахта зиёдтар азоб мекашидам. Мо ба миёнамон пешдоман баста, пахтаи чидаро ба кисаи он меандохтем. Ва чун дар пешдоман се - чор килограмм пахта љамъ мешуд, бардоштани он бароям гаронї мекард, онро ба сари замин бурда, алоњида холї мекардам ва бегоњї месупоридам. Бегоњии рўзи нахустин муаллимамон, ки њам роњбари пахтачинон буд, эълон дошт, ки аз рўзи дигар барои њар як хонандаи чинакчї норма, яъне, меъёр, миќдори рўзонаи чиниши пахта муќаррар мешавад. Яъне, мо, шогидони синфи 5 бояд њар рўз миќдори муайян пахта чинем. Баста ба синф наќшаи чиниш таѓйир меёфт, яъне, чї ќадар синф болотар равад, наќша њам њамон ќадар зиёдтар мешуд. Дар ёдам намонда, ки меъёр ё наќшаи чиниши пахта барои мо чанд килограмм буд, вале дар ёдам монда, ки мо се ё яор талаба чун наќшаро то бегоњ иљро накардем, бинобарин муаллим маљбур кард, ки хўроки шом нахўрда, ба пахтазор баргардем... Одатан, мо дар пахтачинї як то ду моњ меистодем. Дар миёнањои моњи дувум пахта тамоман кам мешуд. Роњбарони мавсими пахта гоње наздамон меомаданд ва маљлис мегузарониданд. Маъмулан мегуфтанд, ки наќшаи љумњуриявии пахтачинї иљро нашуда истодааст, бинобарин мо, талабањо, бояд ба ќадри имкон ба давлат мадад расонем. Ва мадади мо иборат аз он будааст, ки рўзона дар сањро пахта чинем, пас аз хўроки шом дар миёнаи хона кўрак кашем. Баъзе хонанда-

гон аз минтаќањои кўњсор пахтаро надидаанд ва ба онњо шарњ медињам, ки кўрак ин пахтаи ношукуфта аст ва мо бояд пахтаро аз чор ё панљ хоначаи он мекашидем. Ба њар як талаба низ чанд килограмм пахта аз кўрак кашидан даркор буд. То њамин меъёрро намекашидем, рухсати истироњату хобидан набуд. Њамин тавр, боз ба хоб сер нашуда, субњдам бедорамон мекарданд ва боз пас аз нањорї ба пахтазор медаромадем. Ин дар давраи сотсиалистї буд. Дар давраи феодалї ва дертар њам бой ѓуломашро рўзона кор мефармуд, вале шабона истироњаташ медод, чунки ў медонист, агар ѓулом шаб аз кор фориѓ набошад, рўзи дигар зањматаш суст мешуд. Вале коммунистон моро аз ѓулом њам зиёдтар ва берањмонатар истисмор мекарданд, зеро рўзона дар сањро будему шабона дар хона кўрак мекашидем. Баъзе солњо њаво сард меомад ва ё боришот зиёд мешуд ва иљрои наќшаи пахтачинї то ба охири декабр њам тўл мекашид. Ба мо наќл мекарданд, ки мардум то 18 уми январ њам пахта чидаанд! Чун нињолакони пахта зери барф мемонданд, барои резонидани боришот одатан ду ё се нафар; яке дар аввали љўяи ва дигаре дар нима ва савумї дар охири он истода, ресмонро мељунбониданд ва чун нињолакњо тоза мешуданд, пахта ва ё кўраки онро мечиданд. Маъмулан, баъди мавсими пахтачинї ѓўзапояро ба дењќонон таќсим мекарданд ва он чун сўзишворї барои танўр истифода мебурданд, вале то наќша иљро намешуд, кандани ѓўзапоя њам манъ буд. Аммо солњои пештар чун наќша иљро намешудааст, ба њавлињои мардум рафта, ѓўзапояро тафтиш мекарданд, ки мабодо дар кўракњои он паѓањои пахта бисёр намонда бошад. Агар чунин мешуд, соњиби ѓузапояро маљбур мекарданд, он паѓањоро љамъ карда, бурда супорад. Ва њатто њамин хел сол њам буда, ки ваќте наќша иљро нашудааст, ба хонањои мардум даромада, курпачањои онњоро дарронида, пахтаи онро барои иљро кардани наќша супоридаанд. Иљрои наќша мисли иљрои ќонун талаб карда мешуд ва дар сурати аз наќша камтар супоридани пахта роњбарони хољагињо ва баъзан ноњияњо аз мансаби худ мањрум мешуданд. Шояд аз њамин сабаб бошад, изофанависї пайдо шуд ва дар ин кор њам нафарњои зиёд ба мањбас рафта буданд. Пахта њамчун ризќу рўзии асосии мардум ситоиш мешуд ва дар бораи пахта шеъру достонњо менавиштанд. Агар ноњия ва ё вилоят наќшаи давлатиро иљро мекард, бахшида ба ин "ѓалабаи мењнатї" барномањои махсуси таърифї дар телевизион, радио ва матбуот сар мешуд. Пахтакорон, махсусан, чинакчиёни дастї ва мошинї ба сатњи ќањрамонњои майдонњои набард бароварда мешуданд. Ва њатман консертњо бо талаби пешќадамони истењсолот аз ин минтаќа садо медоданд. Агар наќшаи умумиљумњуриявї иљро мегардид, тамоми кишвар љашн мегирифт. Љашну сур, махсусан, хатнасур ва арўсї рухсат мешуд. Ѓолибон, яъне, он ноњияњое, ки наќша ва ўњдадориро иљро кардаанд, соњиби мукофотњои махсуси пулї ва моддї мегардиданд. Пешќадамони истењсолот, аз љумла, чинакчиёни моњир, ки дар як мавсим то њашт дањ тонна дастї ва онњое, ки тавассути мошин солона то 500 - 700 тонна ва ањёнан аз ин њам зиёдтар пахта мечиданд, соњиби мукофот мешуданд. Якчанд нафар ба унвони "Ќањрамони мењнати сотсиалистї" сарфароз мегардиданд ва он баробар ба "Ќањрамони Иттифоќи Советї" буд, ки танњо

барои шуљоату ќањрамонињои махсус дар давраи Љанги бузургї ватании солњои 1941 - 1945 медоданд. Дигарон мувофиќи зањмату ѓайрати хеш таносубан ба мошинњои "Жигулї", "Москвич", ќолину палос, косаву табаќ ва ѓайра мукофотонида мешуданд. Ногуфта намонад, ки танњо 7% њудуди љумњурї барои кишти обї мувофиќ асту дигар кўњсор. Ва соли њаштодум бо ин 7% замини кишт Тољикистон тавонист як миллион тонна пахта истењсол кунад. Хуб, шояд суол шавад, ки њама ин љонканињо барои иљрои наќшаи пахтасупорї барои чї ва ё барои кї буд, ваќте танњо 6% пахтаи истењсолшуда дар Тољикистон коркард мешуд? Пеш аз њама Русия шавќманди истењсоли зиёди пахта буд, чунки корхонањои зиёди бофандагї дошт. Аз ин сабаб он 94% - и пахтаи тољик ба он користонњои Русия ва каму беш ба дигар љумњурињои њамсуд ё собиќ Шўравї мерафт. Тољикистон њамчун кишвари истењсолкунанади маводи хом боќї мемонд. Ва оќибати манфии он имрўз њам њис мешавад ва њанўз њам гумон аст 30% пахтаи тољик дар дохили мамлакат истифода шавад. Мусобиќаи ѓайрирасмии дигаре њам буд. Дар њамаи панљ љумњурии Осиёи Марказї пахта мекоштанд ва аз њама зиёд Ўзбекистон то 5 миллион тонна, баъд Тољикистон то як миллион тонна пахта мерўёниданд. Дертар Туркманистон, ки заминњои зиёд дошт, аз Тољикистон гузашт, вале Ќазоќистону Ќирѓизистон таносубан то 300 - 500 њазор тонна истењсол мекарданд. Одатан он мусобиќаи ѓайрирасмї миёни Тољикистону Ўзбекистон мегузашт ва чун кишвари мо дар умум гармтар аст, гоње наќшаро пештар иљро мекард ва миёни ин ду љумњурї чунин анъанаи ѓайрирасмї њам буд, ки барои иљрои наќшаи пахтасупорї якдигарро табрик мекарданд ва телевизионњои њарду кишвар ба халќи бародар барномањои махсус таќдим ва пахтакорони машњур ва њунармандон аз ду љониб якдигарро табрик мекарданд. Чи тавр гуфтем, соли 1980 љумњурї бо 7% замини обї як миллион тонна пахта истењсол кард. Љаббор Расулов, котиби якуми Њизби коммунисти Тољикистонро, ки салоњияти имрўзаи Президентро дошт, бо унвони Ќањрамони мењнати сотсиалистї сазовор донистанд. Ногуфта намонад, ки Расулов соњиби 9 нишони Ленин буд ва дар миќёси тамоми Шўравї ў дар миёни ду ё се нафаре буд, ки аз њама зиёдтар нишони Ленин гирифта буданд. Пахта як гиёњи оддист, вале дар Тољикистон ва дигар кишварњои Осиёи Марказї он ба як растании стратегии сиёсї ва иљтимої ё парастишї табдил шуда буд. Барои он ки истењсоли он пурра зери назорат монад, коштан ва парвариши пахта берун аз хољагии давлатї ва хољагии умумї мумкин набуд. Агар рухсат њам медоданд, бовар дорам, дар заминњои наздињавлигї њеч кас пахта намепарварид, зеро агар месабзонд њам, онро фурўхта наметавонист, чунки хољагињои хусусии пахтакору пахтахар набуданд. Барои миллати тољик нон муќаддас аст; онро ба замин намепартоянд, зер намекунанд ва пахта њам дар натиљаи тарѓиботу таблиѓот ба дараљаи нон бардошта шуда буд. Њатто дар симчўбњои сари роњ, ки ба хољагии пахтапарварї мебурданд, ќуттињои холї насб карда ё часпонда буданд ва мардум паѓањои аз мошину аробањо рехтаро ба ин ќуттињо меандохтанд. Аввали соли 1953 ањамияти стратегии пахтаро ба инобат гирифта, Иосиф Сталин, пешвои СССР, фармон бароварда будааст, ки дар кишвари Краснодар, воќеъ дар љануби Федератсияи Русия, ки иќлимаш ба обу њавои Осиёи Марказї шабоњат дораду ба-

рои пахтакорї мусоидат мекунад, кишти таљрибавии пунба гузаронида шавад. Барои татбиќи ин фармон њайати пахтакорон аз Тољикистон бањори њамон сол ба собиќ вилояти Романови (намедонам, имрўз ин вилоят чї ном дорад) кишвари Краснодари Русия рафт. Дар байни онњо падарам Мулло Сидиќ Ќурбонов низ њамчун агротехник буданд. Рањматї падарам борњо наќл мекарданд, ки њарчанд Сталин аз олам гузашта буд, онњо бо масъулияти дучанду дањчанд ба иљрои фармони ў пардохтаанд. Тобистони 1953 пахта мисле, ки дар Тољикистон мерўяд, дар замини Краснодар њамин хел сабзидааст. Аввали сентябр пеши нињолњои пахта шукуфт. Аммо ин таљриба аз љониби дењќонону мутахассисони соњаи кишоварзии кишвари Краснодар дастгирї наёфт. Русњо зањмати гарони пахтакориро дида, борњо назди роњбарони њайати пахтакорони тољик омада, мегуфтанд, ки "н... нам вата!" ("Ба фалонамон њам пахта даркор нест!"). Дар њаќиќат, аз зањмати пайваста ва тўлонии пахтакорї (шудгор, кишт, ягона, хишова, нармкунї, обёрї, ѓизодињї ва нињоят чиниш) русњо ба вањм омада, роњбарони гурўњи тољиконро ба гуфтушунид моил мекарданд. Онњо талаб доштанд, ки њайати пахтакорони тољик таљрибаро ќатъ карда, хулоса нависад, ки дар иќлими кишвари Краснодар пахтакорї натиљаи мусбат намедињад. Љониби тољикон розї нашуда, посухашон медоданд, ки баръакс, онњо гузориш тањия мекунанд, ки дар кишвари Краснодари Русия њам њосили дилхоњи пахта рўёнидан мумкин аст. Русњо дигар роњро пеш гирифтанд ва ришва пешнињод карданд: ба њар як узви гурўњ як тоннагї гандум медињанд ва дар њузури эшон он гандумро ба вагон зада, ба Тољикистон мефиристанд. Ба ин пешнињоди русњо низ пахтакорони тољик розї нашуданд, њарчанд аз рўи инсоф гўем, дар он солњои баъдиљангї њанўз мардум ба нон сер нашуда буд ва як тонна гандум, ба ќавле, дар дањони ањмаќ буд. Падарам мегуфтанд, ки баъди ин пешнињоди русњо пахтакорони тољик ба ду гурўњ чудо гардида, яке мехост аз як тонна ѓалла бањраманд гардад, дигаре мегуфт, пушти ин пешнињод тўњмате нињон аст. Мо имрўз ѓалларо мегирем, пагоњ худи русњо ба Маскаав гузориш медињанд, ки тољикњо ба ивази як тоннагї гандум таљрибаи пахтакорї дар Краснодарро хунсо карданд. Ќисса кўтоњ, ин гуфтушунидњо натиља надоданд ва дар охир пешнињоди русњоро тољикон расман рад карданд. Ваќти чиниши пахта њам наздик меомад ва дењќонони тољик камкортар шуда буданд. Яке аз рўзњои истироњат њамаи онњоро русњо ба киштї савор намуда, аз минтаќаи пахтакорї хеле дур, гўё, ба тамошои дар дарёи Волга ва моњидорї бурдаанд. Чун бегоњї пахтакорони тољик бармегарданд, њуш аз сарашон мепарад, зеро пахтазор ба майдони пас аз набард монанд буд; нињолњои пахта шикаста, хам шуда ва ё хобида, паѓањои пахтаи шукуфта, ба љўяњои кишт рехта, лойолуд шуда буданд... Русњо тољиконро ба тамошои моњидорї фиристода, подаро ба даруни пахтазори таљрибавї сар додаанд. Пахтакорони тољикро тарс фаро мегирад. Дар њаќиќат, онњо исбот карда наметавонистанд, ки ин кори мизбонон буд, бинобарин маљбур шуданд, хулоса тањия кунанд, ки дар вилояти Романови кишвари Краснодар пахта киштан ба манфиати кор нест. Дар солњои аввали баъди истиќлол њам зери таъсири сиёсати он солњо шогирдони макотиби миёнаву олї ва баъзан кормандони баъзе користону муассисањоро ба пахтачинї мефиристоданд. Хушбахтона, он чї наќл шуд, њоло дар Тољикистон рух намедињад. Њоло дар мавсими пахтачинї на ситод таъсис мешаваду на сафарбарии умумии донишљўёни макотиби олї ва на шогирдони дабистонњои миёна. Баъзан чунин амал дар баъзе минтаќањои пахтакор рух медињад, вале ин дигар сиёсати давлат нест, балки ташаббуси баъзе роњбарони хољагињои пахтакор. Сабаби дигари пайдо нашудани ситоду љалб нашудани донишљўён дар миќёси мамлакат дар он аст, ки Тољикистон кишвари мустаќил асту дигар аз Марказ ё Маскав дар бораи иљро кардани наќшаи пахтасупорї фармон содир намешавад, зеро дигар Русия наметавонад пахтаи Тољикистонро бо нархи арзон барои корхонањои бофандагиаш бихарад. Баробари ба анбори торих рафтани СССР ва сиёсатњои он пахта низ дар Тољикистон аз зироати стратегї тадриљан ба як растании муќаррарї табдил шудан дорад.


№12 (321)

2 апрели соли 2014

15

шодбош ВОКУНИШ

"ДИЛ ДАР КАФИ ДАСТ"

Пушти афкори зањрогин ѓаразњои шуме нуњуфта

Маќолаи Хайриддини Ќосимиро дар посух ба андешањои Комили Бекзода хондам. Посух нисбатан илмї ва ба далилњо навишта шуда буд. Вале мехоњам дар бораи шахсиятњо ва афкору андешањое, ки ин афрод доранду инсў онсў мепарокананд ба таври умумї бањс кунам.

Бо шунидану хондани ин ибора кас дар тафаккур ѓарќа гардида, сари андешаи он меравад, ки чигуна? Ва оё чунин њам мешавад?! Магар дилро дар кафи даст гирифтан имкон дорад? Бале, ин њама пурсишњоеанд, ки дар навбати аввал барои њар хонандаву шунаванда, басо асрорангез менамоянд. Лек чун нек бингарї дар меёбї, ки борњо шудааст, ки дар кафи дастони табибони њозиќ бо њамон тапиши љонофаринаш дил ба лањзањое дар тапидан ќарор доштааст.

Дар он лањзае, ки инсон миёни њаёту мамот даст ба гиребон гардида, умеди зистанро дар замири хеш парварида. Табиб бо тамоми масъулияти душбораш, ки аз ѓояти он зери обу араќи љабин саропо тар мегардад, бо њамон теѓи љарроњияш ќалби нозуку дардманди беморро љарроњи намуда, нуќсони онро бартараф менамояд. Ќалби дар кафи даст буд, ки моњияти њаёти бемор аз нав дар посанги худ ќарор гирифта, бо ба њам омадани он њама пайвандгарињо дар таблои назорати хатњои мављдор ба миён оварда, бо садои каме номуътадил ба кор шуруъ мекунад. Ва баъди чанде он муътадитл гардида, њаёт идома меёбаду љарроњ, оњи сабуке кашида, дар чењраи љиддиву омиронаи ў табассум њувайдо мегардад. Табассуми ќаноатмандї аз пешаву амали хеш. Ў хилъати сафеди худро бадар намуда, назди пайвандони бемор мебарояд. Он чашмони интизор, он ќалбњои беќарор ки кайњо роњи ўро интизорї мекашиданд, баробари дидани табиб ба сўяш мераванду бо чашмони пур аз пурсиши хеш ба сўи ў менигаранд. Посухи ў ба њамаи он пурсишњо яктост. "Љарроњї хуб гузашт..." Ва садоњо баланд мегарданд: -Иллоњо дастатон дардро набинад! -Худо, ба касбу коратон барака ато фармояд! Ва боз дањњо ањсану минатдорї. Хонандаи азиз ин љо дарк намуд, ки мо дар ин матлаби худ оид ба љарроње сухан хоњем гуфт, ки зиёда аз нисфи умри 70 солаи худро сарфи ин пешаи муњим карда. Пас ў кист? Ў Шодибой Надирович Амонов мебошад, ки соли 1973 Донишгоњи тиббии Тољикистонро бо дипломи аъло бо ихтисоси љарроњ хатм намудааст. Номзади илми тиб, дотсент, љарроњи моњир, Аълочии тибби Иттињоди Шўравї, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон буда, барои хизматњои пурсамару арзишмандаш бо чандин мукофотњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ќадр гарди-

ЊАМДАРДЇ Гурўњи њамкорону наздикон ба сардабири маљаллаи "Рангинкамон" Рўзибой Мавлонзода бинобар даргузашти МОДАРАШ изњори тасаллият мекунанд. Худованд манзили охирати марњумаро пурнур ва шоистаи рањмату маѓфираташ гардонад. Омин!

дааст. Ин љарроњи моњир дар тўли 42 соли фаъолияти худ зиёда аз 10 000 нафарро љарроњї намудаву ба онњо умри дубора бахшидааст. Шодибой Амонов нахуст љарро?иро ?ангоми дар курси 5-ум хонданаш ба сомон расонидааст, ки он "Бартараф намудани варами шадиди кирмрўда" дар зери назорати устодони донишгоњ буд. Чун устодони сахтгиру мушфиќ чусту чолокї ва бо барор анљом ёфтани љарроњии нахустини ўро диданд, барояш тавсия доданд, ки дар ин самт устуворона ќадам нињад. Аз њамон солњо Шодибойи љавон њамчун љарроњ ба кор шуруъ намуда, дар ин раванд бо нармгуфториву чашми кордонияш дар замири мардум лона гузошт. Ў пайваста меомўхт. Нозукињои касбашро аз худ мекард. Бо маслињати устодону рафиќони њамкораш мушкилоташро сариваќт бартараф менамуд. Кўшишњои зањматалаби Шодибой тули 30 сол ўро дар беморхонаи Медгородок (Шањраки тиббї) ша?ри Душанбе њамчун љарроњи пуртаљрибаву кордон шуњратёр намуд. Ва пайваст бо ин ба шогирдони донишгоњ низ аз нозукињои касби љарроњї дарс гуфта, дар ин љода пайваста кўшишњо ба харљ дода, дар роњи илм ва касбияташ беш аз 100 шогирди њушманду ботаљрибаро ба воя расонидааст. Шодибой Амонов устоди мењрубону ѓамхорест. Ў заргару гавњаршиносест, ки пайваста аз дастоварду комёбињои шогирдону њамкорон шод гардида, барои ба ќуллањои мурод расидани онњо андўхтаи худро дареѓ надошта, бањри камолоти онњо ба харљ медињад. Ин марди рўзгордидаву дар кура?ои зиндагї гудохтаву пухта гардида, чун љавони болаёќату боистеъдодеро дармеёфт, ки шавќу раѓбате дар љодаи илм дорад, ўро њидоятгар гардида, равони роњи илму маърифаташ намуда, барояш падарвор ѓамхорї зоњир менамуд. Чунин хислатњои накуву инсонии ин марди накухисол боис ба афзудани обрўву эътибори он гардида, ўро њамчун омўзгор низ байни ањли омўзгорони Донишгоњи тиббии кишвар болонишин намудааст. Имрўз аксари шогирдони ин табиби варзида, доктору номзадњои илми тиб буда барои мардуми кишвар ва дар хориљи он иљрои вазифа доранд. Бамисли Муњаммадшариф Аюбов, Ёрмањмад Саидов, Абдураззоќ Азизов, Абдурасул Расулов, шодравон Бобољон Ѓафуров, Мирзошариф Бобоев, Мурод Муродов, Абдуљаббор Ѓафуров, Бобоназар Назаров, Муллоќурбон Холов, Азиз Азизов, Устонадир Ќурбонов, Мирзокалон Ѓаффу-

ров, Шодибой Азизов, Фарњод Каримов, шодравон Рўзибой Авезов, Фатњулло Боќиев ва дањњо нафари дигарро метавон ном гирифт. Инсони комил будан, замоне зуњур мегардад, ки кас аз хештан даргузашта, барои манфиати умум бо дили поку нияти нек амалеро ба сомон расонад. Бо ѓаму дарди дигарон шарик бошаду дар маљрои зиндагии пурталотум мададгору дастгирї дармондагон гардад. Шодибой Амонов мањз чунин инсонест, ки дар тўли умри бобаракоти худ бисёр гармиву сардињои рўзгорро паси сар карда, аз он гирдобњои пурпечутоб бо сари баланд ворастаанд. Ин фард, бо њамон хислатњои њамидаи инсонгарї, ки зикрашон дар боло рафт, байни мардуми водї ва саросари кишвар эњтиром доранд. Акои Шодибой донандаи хуби таъриху фарњанги кишвар буда, мањфилороянд. Инсонеанд, ки бо каломи дилнишин ва волояшон зуд ба дилњо роњ мепўянд. Њамзамон бояд, бигўем, ки њамедењагон бо як ифтихор оилаи акои Шодибойро оилаи олимон меноманд. Зеро дар ин оила 5 нафар номзадњои илм буда, ду нафарашон барои кори докторї љањд доранд. Ва чи тваре, ки аёнамон мегардад, дар њамаи ин дастовардњо сањми худи Шодибой Амонов, њамчун намунаи ибрат басо назаррас аст. Ў њеч як корашро нимароњ намегузорад. Ба њар коре, ки камар баст, аз ў самар интизор мешавад. Ва самари дихоње ба даст меорад. Дар сари мизи љарроњиву дар назди тахтаи синфхона ў њамоно бо њамон чењраи дилкашаш ба њамкорону шогирдон талќини поктинативу мањорату касбиятро волотар аз њамаи дороињо ќарор медињад. Мењру муњаббат ба касб, амалу рафтори солењ , эшонро дидадарои мардум кардааст. Ин љо кас дар меёбад, ки Шодибой Амонов натанњо њамчун як табиби варзида, балки њамчун як марди фохир, як марди роњкушо,як марди соњиб-фарњанг ва падари басо мушфиќу ѓамхору мураббии хушсалиќа буда, бо ин њама сифатњо дар ќалбњо маскан гирифтаанд. Имрўз, ки синни мубораки ин марди фозилу дидадаро ба 70 расидааст, барояшон тансињатї ва даврони бобарори зиндагиро таманно карда, умеди онро дорем, то дар њалќаи пайвандон ва наберагонашон чун машъали пурљилое партавафшон бошанд.

Мухтор БОЌИЗОДА, Бахшулло ЉУМЪАЕВ, Мирзомурод САИДОВ Њамза БОЌИЕВ

Аз ашхоси бособиќа дар нашри афкори зањрогин Салмон Рушдї мебошад. Дар он замон мехостанд тавассути ин фард вокуниши љомеъаро бисанљанд. Яъне мехостанд аксуламали мусалмононро озмоиш кунанд. Дар замони њозир низ аз ингуна аъмол ё афкори хурофа дар ин тараф ё он тарафи дунё иттифоќ меафтад. Масалан сўзондани Ќуръон тавассути як роњиби масењї дар Амрико. Дубора такрори ин амали зишт дар Афѓонистон тавассути низомиёни амрикої. Ахиран намоиши филми зиддиисломї дар Амрико. Пушти ин гуна афкори зањрогин ѓаразњои шуме нуњуфта аст. Якеш метавонад ин бошад, ки мехоњанд бисанљанд, ки аксуламали љомеъа чигуна аст. Агар садое дар мукобилашон баланд нашуд, ин гуна афкорро бештар нашр кунанд ва афкори умумиро ба ин гуна тафаккур одат дињанд. Як чунин сенарияе ќаблан амрикоињо анљом доданд, монанди ќуръонсузї дар Амрикову Афѓонистон. Масалан мехоњанд бисанљанд ё эњсосоти мусалмононро барангезанд. Њадаф аз нашри ингуна андешањо ё амалњои шайтанатомез санљиши афкори умумї дар љањони ислом аст. Мехоњанд бидонанд, ки муслмонон чи аксуламале нишон медињанд. Агар аксуламали мусалмонон тунд буд, онњоро ба тундравї муттањам карда чењраи дини исломро ба дини хушунат ва тундрав айбдор кунанд. Масалан, дар њодисањои ќуръонсузї дар Амрикову Афѓонистон сабаби сарзадани хушунатњо дар як ќатор кишварњои исломї аз љумла Афѓонистону Либия гардид. Дар ин њодисањо нафарони зиёде аз љумла сафири Амрико дар Либия кушта шуданд. Парокандани чунин афкори куњна ва такрорї баѓайр аз чанд нафар шахсияти сабукфикр харидоре надорад. Ин чењрањо дар тафаккури худ ба бунбаст расидаанд, наметавонанд ба аќиб баргарданд, ки натиљааш тавба кардан аст ва наметавонанд ба пеш раванд, ки натиљааш офаридани фикр ва андешањои поке, ки ба нафъи љомеъаву миллат бошад. Фарз кунед корхонаљоте, ки дар замони Шўравї сохта шудаанд, имрўза технологияи ин корњонањо куњна шуда корбурд надоранд. Чун ин корхонањо технологияи куњна доранд наметавонанд мањсулоти хуб ва босифат тавлид кунанд. Бинобарин ин технология бояд дур андохта шавад. Ашхосе, ки чунин афкори зањрогин мепарокананд монанди њамин корхонаљоте њастанд, ки замонашон гузаштааст. Мањсулоти зењнии ин ашхос айнан монанди њамон корхонањои дорои технологияи фарсудааст, ки дигар наметавонанд мањсул ё фикри хуб ва босифат тавлид кунанд. Парокандани ингуна афкор садое аст пеш аз љон баромадан. Занљири ин гуна идеология бисту панљ ё сї сол пеш шикаста шудааст, шояд ин охирин садои шикастани њамон заниљире бошад, ки инљову онљо шунида мешавад.

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС:

Зафари СЎФЇ

МУЊАРРИР:

Азизи НАЌИБЗОД

МУДИРИ ИЉРОИЯ:

www.ozodagon.com

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА ТАРРОЊ:

Хилватшоњи МАЊМУД

Аслиддини ЉУМЪА

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст

Илњом АЛОВАДДИНОВ


16

№12 (321) 2 апрели соли 2014

рў ба рў

ЧИГУНА КОРХОНАЊОИ ЗАЙД САИДРО ГИРИФТАНД? сањ.5 ОЗОДАГОН: Парвандањои мазкур дар асосї чї боз шудаву даъвогари аслї њам кї њаст? И. ТАБАРОВ: "Даъвогар аз болои њамаи ин парвандањо Ољонсии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аст ва сухан њатто аз хусуси корхонањое меравад, ки бо љалби сармояи хориљї хусусї гардонида шуда, соњибмулки асосиашон ширкат ва ё шањрвандони хориљианд (аз љумла ЉСШК "Гулистон", ЉСК "Корхонаи муштараки Тољик Азот", "ЧДММ Табаррук"). Чизи аз њама љолиб он аст, ки амволи мазкур аслан солњои 1992 -2008 ё хусусї гардонида шудааст ва ё пас аз хусусигардонї соњибмулкашро иваз намудааст. Ин дар њолест, ки Зайд Саидов соли 1999 ба Тољикистон баргашт. Барои фањмотар шудани он, ки ољонсї ва њатто суд истифода аз кадом тарзу воситањоро барояшон илољи кор донистаанд, њодисаи бо Фахриддин Зокиров шударо метавон мисол овард. Номбурда дар аксари парвандањои иќтисодї масъулият, яъне намояндагии Зайд Саидов ва хешу пайвандонашро бар ўњда дошт. Баррасии нахустин парвандаи иќтисодї таърихи 7уми март муаяйн гардида буд, вале шаби 6-уми март Фахриддин Зокиров аз чониби ољонсии мубориза бо фасод боздошт шуд.

љањонї ба фаъолият пардохтаанд ва на танњо самти корашонро таѓйир надодаанд, балки ба истењсоли мањсулоте машѓул шудаанд, ки дар бозорњои љањонї раќобатпазир аст. Метавон гузоришу њисоботи зиёди маќомоти давлатиро ба унвони далел истифода кард, ки пешравии ин корхонањо аз зумраи бењтарин дастоварди сиёсати иќтисодии њукумати кишвар њастанд. Далели дигар метавонад љоизаву ифтихорномањо ба ин корхонањо бошад."

Боздошти вакили аслї дар парвандањои иќтисодии Зайд Саид

Парвандањои Зайд: Иќтисодї ё сиёсї?

ОЗОДАГОН: Ба ибораи дигар, боздошти Фахриддин Зокиров "наќшавї" буду ба хотири зуд баррасї кардани парвандањои иќтисодї? И. ТАБАРОВ: "Албатта. Онњо медонистанд, ки Фахриддин Зокиров дар њимояи Зайд Саидов бештар бо парвандањои иќтисодї машѓул аст. Њеч маќомоте барои якбора боздошт ва мањкам кардани вакили дифоъ њаќ надошт. Тибќи ќонун Ољонсии мубориза бо фасод бояд моро огоњ мекард, то мо як вакили дигарро барои парвандањои иќтисодї омода мекардем." ОЗОДАГОН: Фахриддин Зокировро чї метавонад интизор бошад? И. ТАБАРОВ: "Намедонам. Чизе гуфтан мушкил аст." ОЗОДАГОН: Додгоњ ширкату корхонањои марбут ба Зайд Саидов ва хонаводаашро ба далели ѓайриќонунї хусусї кардан ва ё риоя накардани љузиёте аз ќонун мусодира намуд. Метавон гуфт, ки воќеан ин корхонаву ширкатњо хилофи меъёр фаъолият доштанд? И. ТАБАРОВ: "Ваќте ин масъала пайдо шуд, мо вакилон њуљљату аснодеро, ки раванди хусусигардонї ва натиљањои фаъолияти корхонаву иншооти дигари хусусигардонидашударо баёнгаранд, омўхтем. Бо роњбарон ва мутахассисонашон њамсўњбат шудем. Пўшида нест, ки ваќте сухан аз фаъолияти ин корхонањо меравад, онњо дар кишвар ангуштшуморанд, ки тавассути љалби сармояи хориљї ва истифода аз техникаву технологияи пешрафтаи

ОЗОДАГОН: Коршиносон ишора бар он мекунанд, ки парвандањои иќтисодї бо ангезањои сиёсї боз шудааст. Шумо чї мегуед? И. ТАБАРОВ: "Ман њам бар ин аќидаам ва чуноне ќаблан изњор намудам, ин корхонањо то ќазияи боздошту зиндонї гардидани Зайд Саидов бойиси ифтихори маќомоти дахлдор буд. Аз љумла Кумитаи давлатии сармоягузорї идораи амвол њамеша њангоми њисобот аз натиљаи дилхоњи хусусигардонии амволи давлатї аз ин корхонањо ба унвони далел истифода мекард." ОЗОДАГОН: Вале фарзияњои дигар низ вуљуд доранд, ки гуиё парвандаи "сиёсї" бо бањонаи аз худ кардани моликияти Зайд Саидов боз шудааст... И. ТАБАРОВ: "Албатта, њама ба таври худ шарњ ва бањо медињад. Мо вакилон дар асоси далелњои зиёду гуногуни мављуд дар парвандањо ба њамин натиља расидем, ки сабаби аслии муносибати маќомот ба ин корхонањо љуз њисси хусумату интиќом аз Зайд Саидов дигар чизе нест. Чун Зайд Саидов иќдоми сиёсї даст зад, њамаи ин мушкилот пеш омаданд. Вагарна чї гуна њамаи он ќонуншиканињо дар муносибат ба шахсияти Зайд Саидов, амволаш ва моликияти наздиконашро метавон маънидод кард? Агар парванда чунин бањонањое надорад, чаро мањз пас аз иќдоми сиёсии мавсуф хусусигардониву доду гирифти амволи ўву наздикону шиносонашро бо гузашти 10-15 солу ба ёд оварданд? Магар ѓайримунсифона будани хулосањои додгоњро он таќвият намекунад, ки натиљањои фаъолияти корхонањои зикр шуда, лоиќи тањсин буда њамин маќомоти

давлатї то ин муддат онњоро барои кишвар дастовард медонистанд? Ин корхонањо пайваста тањти назорати маќомоти марбута, аз љумла худи њамон ољонсиву Кумитаи андоз ќарор доштанд, њуљљату асноди гуногуни санљишиву тањлилї далели ин гуфтањост. Ва ягон эроди љиддие, ки тавонад хусусигардониву хариду фурўши корхонањоро зери шубња бигирад, то ин дам ба назар намерасид. Аммо ваќте Зайд Саидов хост вориди сиёсат бишавад, ба ин корхонаву ширкатњо якбора таваљљўњ карданд? Мо, вакилон барои он муносибати маќомот ба Зайд Саидовро ќасосгириву ниќорљўйї маънидод мекунем, ки дар њеч кадом аризаи даъвої мушаххасан муќаррароти ќонун, ки талаботи даъворо аоснок намояд, нишон дода нашудааст. Агар касеро меъёрњои тахассусии дарки ин хулосањо мушкилї пеш орад, осонтарин тарзи бањодињї ќиёс аст ва метавонад аз худу дигарон суол дињад: агар корхонањои фаъолияташон сармоягузоришудаву муваффаќро чунин тарзи муносибати давлат насиб аст, аксари кулли корхонањои хусусигардонидашударо, ки вазъашон њузновар асту кам нестанд миёнашон њамонњое, ки њатто ному нишонашон намондааст, кї ба ёд меорад? Таваљљўњ кунед: бо истифода аз њамон мантиќи даъво, ки Агентї раво дидааст, бе муболиѓа ба тамоми сиёсати хусусигардонии Тољикистон бе ягон душворї метавон хати батлон кашид." ОЗОДАГОН: Болотар ишора бар он кардед, ки додгоњ њукми ѓайримунсифона мебарорад. Агар чунин аст, пас тасмим ё андешаи даст кашидан аз идомаи баррасии ин парвандањоро надоред? И. ТАБАРОВ: "Эътимоди мо, ваиклон ва зерњимояамон нисбати низоми додгоњии Тољикистон баъди њукми додгоњ коста гардид. Ваќте бо вуљуди пеш овардани далелњо ва исбот кардани бегуноњии зерњимояамон, додгоњи Тољикистон њукми сангин баровард, мо боварии худро аз даст додем. Барои мо маълум шуд, ки њама мурофиањои додгоњї танњо вонамуд кардани риояи расмиёти ќонунгузорї буда, додситонњову додрасњо дар асл фармоиш иљро мекунанд. Мантиќи мазкур ба парвандањои иќтисодї низ рабт дорад. Баррасии 4 парвандаи иќтисодї марбут ба ин хонавода далели ин гуфтањост. Ба ягон ваљњи муќобили даъво заррае њам таваљљўње нест, њатто намеандешанд, ки ин гуна хорузоркунии адолати судиву ќону-

ну ќонуният дањшат аст, дањшате, ки рўзе, боварї дорам, њатман пурсу пос дорад... Ширкати мо дар ин мурофиањои иќтисодї, аз ин рў, танњо ва танњо ба хотири эњтиром ба ќонун асту бас ва њаргиз далели эътимодамон ба низоми судї наметавонад бошад."

Амволи Зайд Саидов давлатї шуд, акнун чї мешавад? ОЗОДАГОН: Баъзе коршиносон мегўянд, ки эњтимол њатто бо њабс ва анљоми парвандањои иќтисодї фишор ба хонаводаи зерњимояатон хотима намеёбад. Шумо њам болотар ќайд кардед, ки баррасии парвандањо бештар маънои интиќомгириро дорад. Агар чунин бошад, ба назари шумо сабаби ин "душманї" дар чист? И. ТАБАРОВ: "Ба назари ман сабаби фишору мушкилот ба Зайд Саидову хонаводааш ин ба сиёсат ворид шудан ё худ ба корњои сиёсї даст задани Зайд Саидов мебошад." ОЗОДАГОН: Ба назари шумо ба њисоби давлат гузаронидани корхонањои марбут ба Зайд Саидову хонаводааш бар нафъи давлат хоњад буд? И. ТАБАРОВ: "Бори дигар ба такрор мегўям, ки корхонањое, ки дар нисбати он парвандањои иќтисодї боз шудаасту, њамакнун ќисме аз он ба њисоби давлат баргардонида шуд, яке аз муваффаќтарин корхонањои истењсолї дар Тољикистон буданд. Фаъолияти ин корхонаву ширкатњоро худи њамин маќомот то имрўз тавсиф ва ќадрдонї мекарданд. Ин корхонањо яке аз бузургтарин супорандагони андоз ба буљаи давлат буданд њам бигўем, иштибоњ нахоњад буд." ОЗОДАГОН: Кадом корхонањои марбут ба хонаводаи Зайд Саидов аз бузургтарин андоз супорандагон буд? И. ТАБАРОВ: "Њамин корхонаи "Тољик мармар" андози солонаи он таќрибан 500 њазор сомониро ташкил медод. Ширкати "Точсохтмон -Байналмиллал" низ њамасола дар њачми 8-9 милион сомони андоз ва бочи гумрукї пардохт мекард."


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.