Шумораи нави Озодагон

Page 1

Маскаве, ки ман мешинохтам

дидгоњ

4

Расул баргашт, вале боздошт нашуд

њаводис

Ман аз он гурўњи насли худ њастам, ки ќурбон шуданд

7

Озодагон Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист!

№40 (300)  23 октябри соли 2013

8

Дарди бедаво?

E-mail:ozodagon@mail.ru

Аз бефарњангии Сиёсат то сиёсати бефарњангї ...Имрўзњо, гўё њисси ваќтро гум карда бошанд, ки дар давраи Шўравї зистем ва ё умуман аз он ки дар асри 21 зиндагї дорем, зиёд дар бораи “ќишлоќи тиллої” ва “шоњаншоњ” њарф мезананд.

“Урра”!!! Аз мо сабаќ мегиранд!

рў ба рў

Афсонањои халќї

Ин барномаро барояш кї навишта бошад?


2

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

рухдод ќарор

фарањ

Дидори Ќувватов бо фарзандонаш баъд аз рањої Усмоналии панљсола, писари дувуми Умаралї Ќувватов, рањбари созмони сиёсии “Гурўњи 24”, ки ахиран аз боздоштгоње дар Дубай рањо гардид, бо падараш дидор кардааст. Усмоналї, ки бо кумаки модараш аз Интернет истифода мекунад, дар сўњбат бо “Озодагон” гуфт, тўли ин муддат њамеша орзуи озодии падарашро дошт ва њатто барои рањоии ў аз зиндон пари паррандањоро љамъоварї менамуд. “Ман падарамро дар озодї дидаму хушњол шудам. Рости гап, ўро сахт пазмон шуда будам”,-гуфт Усмоналии панљсола дар сўњбат бо мо. Ќумрї Њафизова, њамсари Ќувватов, низ дидори бархе аз аъзои хонавода бо роњбари “Гурўњи 24”-ро тасдиќ кард, вале аз ифшои сана ва макони дидор худдорї намуд. Вай гуфт, њоло Ќувватов дар талоши дарёфти паноњандагї дар яке аз кишварњои дунёст, ки наметавонад љои будубошашро ошкор намояд. “Дар сурати дарёфти паноњандагї њатман њамаро огоњ карда, баёнияњо пахш хоњад кард”,-афзуд ў. Бо ин њол, аксњои зиёде аз дидори Ќувватов бо фарзандонаш дастраси расонањо шуда, чандеи онњо дар шабакаи иљтимоии Фейсбук низ љо гирифтаанд. Умаралї Ќувватов, рањбари созмони сиёсии “Гурўњи 24” моњи декабри соли гузашта дар фурудгоњи Дубай, њангоми сафараш ба Аврупо, боздошт ва то охири моњи сентябр дар зиндон нигањдорї мешуд. Маќомоти Дубай гуфтанд, боздошти оќои Ќувватов бо дархости љониби Тољикистон сурат гирифтааст. Умаралї Ќувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурўњи 24”ро таъсис дода ва аз Эмомалї Рањмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентї номзадиашро нагузорад. Ќувватов шарики собиќи тиљории яке аз домодњои раисиљумњури Тољикистон арзёбї мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш рањбарии ширкатњои “Тољирон” ва “Фароз”- аз ширкатњои асосї дар бозори фурўши сўзишвории Тољикистонро - бар ўњда дошт. Моњи декабри соли 2012 ў бо дархости маќомоти Тољикистон дар шањри Дубайи Имороти Муттањидаи Араб боздошт шуд. Додгоњи Дубай дар моњи апрели соли љорї њукми бозпас фиристодани ў ба Душанберо содир кард. Вале Умаралї Ќувватов аз ин њукм ба додгоњи таљдиди назар шикоят бурда, аз боздошт рањо гардид. Вале маќомоти Додситонии кулли Тољикистон мегўянд, ќазияи Умаралї Ќувватов нињої нашуда, додгоњи Дубай низ дар ин бора ба онњо чизе нагуфтааст.

Ситоди Бобоназарова 202 њазор имзои љамъшударо месўзонад Ситоди интихоботии Ойнињол Бобоназарова тасмим гирифтааст, рўйхати 202 њазор имзоеро, ки ба тарафдории номзади ислоњотхоњон љамъоварї шуда, вале ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсї пешнињод нашудааст, бисўзонад. Дар ин бора Мањмадалї Њайит, муовини раиси Њизби Нањзати Исломї ва рањбари ситоди интихоботии Бобоназарова, хабар дод ва гуфт, дар сурати ба дасти маќомот расидани ин фењрист эњтимоли мавриди таъќиб ќарор гирифтани тарафдоронашон вуљуд дорад. “Айни замон мо ин имзоњоро дар љое мањфуз нигоњ медорем. Баъдан, њайатеро барои сўзондани ин имзоњо ташкил мекунем. Ба касе онњоро нахоњем дод”,-афзуд оќои Њайит. Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистон, ки Њизби Нањзати Исломї ва Њизби сотсиал-демократи Тољикистон шомили онанд, моњи сентябр Ойнињол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон карданд. Ќарор буд, хонум Бобоназарова бо љамъоварии 210 њазор имзо расман вориди сабќат шуда, барои дарёфти курсии раёсати љумњурї мубориза барад. Вале ситоди интихоботии ў рўзи 11 октябр эълон кард, 210 њазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот таъин кардааст, натавонист љамъоврї намояд ва аз ин рў аз сабќат берун шудааст. Онњо гуфтанд, ба тарафдории Бобоназарова 202 њазор имзо љамъ шудааст. Мањмадалї Њайит, муовини раиси ЊНИТ, мегўяд, аксари онњое, ки ба тарафдории Бобоназарова имзо гузоштаанд, аз онњо хостаанд то рўйхати имзоњо ба дасти маќомот нарасад. Ба гуфтаи ў, «тибќи Протоколи 32-20, ки натиљаи як љаласаи махфии њукумати Тољикистон аст, то њол маќомот дар љустуљўи рўйхати нафаронеанд, ки ба тарафдории Ойнињол Бобоназарова имзо гузоштаанд». Интихоботи президентии Тољикистон рўзи шашуми ноябри соли љорї баргузор мешавад. Кумисюни мар-

мўњлат

Њасан Асадуллозода ба “Мовароуннањр” то январи 2014 “срок” дод Њасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ба сањмдорони ширкати «Мовароуннањр» барои баргардондани ќарзи “Ориёнбонк” то моњи январи соли 2014 муњлат додааст. Бузургмењр Ёров, вакили мудофеи ширкати «Мовароуннањр» ба “Озодагон” гуфт, “18-уми октябр бо намояндагони Њасани Асадуллозода мулоќот доштем ва ба онњо гуфтем, то моњи январи соли 2014 ќарзи ин бонкро пурра бармегардонем”. Ёров илова намуд, ки бо “Ориёнбонк” ба созиш омадаанд, ки “Мовароуннањр” аз ин бонк њудуди 2 миллиону 400 њазор сомонї ќарздор аст ва чун ширкат имрўз ба по хестааст, тавони баргардондани ин ќарзро дорад. Ба гуфтаи Ёров айни њол як нофањмї танњо дар масъалаи арзиши хонаи Љўрабек Охунов, раиси пешинаи ширкат љой дорад: “Хонаи Охунов дар гарави бонкї бо маблаѓи 1 миллиону 600 њазор сомонї ќарор дошт. Аммо дар он хона сўхтор ба амал омад ва пас аз сухтор дар мавриди арзиши ин хона як нофањмие пайдо шудааст”. Дар њамин њол вакили мудофеи сањмдорони “Мовароуннањр” таъкид намуд, ки айни њол манзили истиќоматї барои сад муштарии ин ширкат дар мањаллаи “Гипрозем”-и Душанбе пурра омода шудаанд ва баъди ќабул аз љониби комиссияи давлатї калид ба онњо супорида хоњад шуд.

бархурд

«Вазифаам нест, ки ба њар сокини Фархор замин дињам» Алимардонов:

Муродалї Алимардонов, муовини сарвазири Тољикистон оид ба кишоварзї, шикояти бархе аз сокинони ноњияи Фархор дар мавриди бетарафияшро рад карда, изњор дошт, ки 18уми октябр, барои њалли мушкили беш аз 150 сокин ба ноњияи Фархор сафар доштааст. Муродалї Алимардонов, дар суњбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар ноњияи Фархор бо мушкили сокинон шинос шуда, ба раиси ноњия дастур додааст, ки њуљљатгузории заминњои сокинони ноњияро ќонунї кунанд: “Муаммои заминњои сокинони Фархор дар он аст, ки ба онњо пештар як роњбари совети ќишлоќ бе ягон њуљљат замин додааст. Онњо ба мо мурољиат карда буданд ва мо ваъда дода будем, ки њуљљатгузорї карда месупорем. Акнун њокимияти мањаллї њуљљатњоро тањия карда, заминњоро ба сокинон таќсим хоњад кард”. Алимардонов афзуд, “ман салоњият надорам, ки ба њар як сокини Фархор заминњоро чен карда супорам, ин вазифаи раиси ноњия ва совети ќишлоќ мебошад. Он чизе, ки аз њукумати марказї вобаста аст онро њал карда медињем”. Ин дар њолест, ки як гуруњ сокинони ноњияи Фархор борњо дар расонањо аз мушкилоти заминашон шикоят карда, маќомотро дар беањамиятї муттањам мекарданд, вале нињоят баъди дахолати Алимардонов ин мушкил њал шудааст.

казии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон шаш номзад ба маќоми президентиро сабтином кардааст, ки Эмомалї Рањмон, раисиљумњури кунунї, яке аз онњост. Њоло ин номзадњо ва афроди боътимодашон машѓули тарѓибу таблиѓи барномањои ќаблазинтихоботии худ дар минтаќањои кишваранд. Аммо ахиран Дидбони њуќуќи башар ё Њюман Райтс Вотч бо нашри гузорише аз фазои пешазинтихоботї дар Тољикистон интиќод кард. Ин созмон гуфт, номзадњое, ки њоло ба њайси раќиби оќои Рањмон вориди интихоб шудаанд, на раќиб, балки пуштибонњои сиёсати ўянд.

иќрор

Ромодановский: Барои Русия бидуни Тољикистон мушкил хоњад буд Масъулони фурудгоњи Хуљанд мегўянд, дар нўњ моњи соли љорї аз Русия ба ин минтаќаи Тољикистон 249 тобути муњољирони корї оварда шудааст. Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муњољирати Русия мегўяд, кишвараш аз њама равобити бењтар дар самти муњољират, бо Тољикистон дорад. Ў гуфтааст, вазъият бо Тољикистон хеле печида ба назар мерасад, вале чї аз нигоњи шумораи тавофуќот ва чї аз нигоњи истодагарияш равобити муштарак бештар бо он ба роњ монда шудааст. Ба гуфтаи рањбарияти Хадамоти федералии муњољирати Русия, барои Душанбе бидуни Маскав будан бисёр мушкил хоњад буд, читавре ки барои Маскав бидуни он аст: “Чун таърих ва љойгиршавии геополитикї чунин як њолатро ба миён овардааст.” Ў афзудааст, ки нињоди зертобеаш назоратро аз болои муњољирони корї њангоми вуруд ба ин кишвар љиддї хоњад гирифт. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия таъкид карда буд, ки шуруъ аз соли 2014 ќавоиди вуруди муњољирони корї аз давлатњои пасошўравї ба кишвараш вазнин шуда, онњо бояд њангоми убури марзи Русия њам шиносномаи дохилї ва њам хориљї бо худ дошта бошанд.

њикмати њафта

Њар ќањрамоне дар нињояти кор ба чењраи манфур табдил меёбад.

Ралф Эмерсон


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

3

парлумон

Хонандаи азиз метавонад ба муаллиф эътироз кунад, ки ин масъала ба Тољикистон, ки кулли ањолиаш намояндаи як нажод аст, чї ањамият дорад ва ё ин масъалаи мубрами рўз нест. Лекин бояд гуфт, ки ин суханронии машњури фаъоли љомеаи шањрвандии амрикої дар 50 соли мављудияти худ аз чорчўбаи мубориза бар зидди нажодпарастї берун омада, ба яке аз шиорњои љунбиши љањонии мубориза барои њуќуќњои башар табдил ёфт. Ў дар аввал таъкид карда буд, ки ормони ў ќисми људонашавандаи «ормони амрикої» мебошад. Дар соли гузашта дар ваќти ивазшавии роњбарони сиёсии давлати Хитой, роњбарони нави ин кишвари њамсоя оиди «ормони хитої» эълон карданд. Ба назари мо, мављудияти ормони ягонаи умумимиллї насиби танњо давлатњои бузург ва пешбар набуда, он метавонад барои дигар халќњо ва кишварњо, ки дучори мушкилоти зиёд њастанд, масъалаи мубрами рўз бошад. Чунин ормон барои кишвари камбизоати мо, ки њокимияташ аз тарафи гуруњи кўчак тассаруф шудаааст ва бо њамин дорої ва захирањои на он ќадар бузурги миллї, ки мушкилињои боњам омадаро аз худ карда истодааст, хеле ва хеле зарур мебошад. Ин тассаруфи њокимияти баѓараз аз дигар оќибати носолим, ки аз њама хатарнокиаш, он нерў ва кўшишњои умумимиллии мардуми ќадими тољикро танг намуда, имкон намедињад, ки миллат њамќадами замони имрўза бошад. Барои њамин мехостам ин љо ормони худро барои эњёи шўњрати халќи озодихоњ ва маѓрури тољик эълон намоям. Ормони ман он аст, ки дар Тољикистони озод, чун дар даврањои шоњ Анушервони Одил, оилањои ноќис (нопурра) набо-

“Урра”!!! Аз мо сабаќ мегиранд! шад. Ормони ман ин аст, ки њар як оилаи тољик, навбунёд ё кўњан, аз падар ва модари дўстдошта иборат бошад. Онњо якљоя, такя ба якдигар, фарзандони худро тарбия намуда ба воя расонанд. Падар ва модарон бояд дар мањали зисти худ –дар дења, шањр ва ноњияи худ (на дар муњољирати ѓуломї буда) кор карда, моњонаи хуб гиранд, шабњо ба хонаи худ баргарданд ва машѓули тарбияву омўзондани њаматарафаи фарзандон бошанд. Ормони ман ин аст, ки њар як оилаи тољик маорифпарвар бошад ва чун дар даврањои гузашта, дар атрофи дастархони пур аз нозу неъмат ва бо мењмонон, бањсњои шоирона бо ќироати ашъори Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Аттор, Хайём, Пушкин, Њёте, Иќбол, Лоиќ ва садњо шоирони тољик ва љањон баргузор намояд. Дар њар хонавода бањсњои орифона ва олимона дар атрофи ашъори тасаввуфии Аттор ва ашъори пур аз ишќу муњаббати Умар Хайём хеле роиљ бошад. Ормони ман ин аст, ки тољик њарчи зудтар аз психологияи (рўњия) ѓуломона ва њисси нобоварї ба шахсият ва иродаи худ (образи Одина) халос ёфта, дар ботини худ њисси озодагонро (образи шоњ Љамшедро) аз нав парвариш намояд. То як тољик тавонад бар зидди њамаи мушкилињои зиндагї мавќеи устувори худро дошта, ўро бо суббот њимоя намояд. Тољик ѓуломи таќдири худ не, балки соњиби он бошад. Ў бояд зудтар аз зону задан бархезад. Аз норозигї ва эътирози њуљрагї (хонагї) халос ёфта, фикри худро озод баён намояд, аз њокимияте, ки дар хизмати ўст, њаќќи худро талаб кунад. Ормони ман ин аст, ки мактаби тољик ба як љойгоњи муќаддаси дарёфти дониш табдил ёбад. Он ба мавзеъи намоиши либосњои нав ва чизњои ќимматбањои фарзандони оилањои бодавлат табдил наёфта, баръакс ба макони мусобиќаи

њаќиќии насли наврас барои донишњои нав ба нав ва муосир мубаддал гардад. Насли навраси мо обрўи анъанавии тољиконро чун дорандаи зиё дар Осиёи Марказиро, ки насли ман аз даст дода буд, аз нав эњё намояд. Ормони ман ин аст, ки донишгоњњои мо аз «макони гурезањои артиши миллии Ватан» озод шаванд. То дигар љавоне боќї намонад, ки бо итмоми донишгоњ иншое дар мавзўи озод навишта наметавонад ва ин љавон ба ќатори муњољирони мењнатї шомил нагардад. Ормони ман ин аст, ки дар донишгоњ барои устодон ва профессорони фасодзада, ки донишњои бо зудї љамовардаро чун моли камёби худ барои харидор- шогирдон пешкаш менамоянд, дигар љо набошад. Донишгоњњои мо бояд таљрибаи мадрасањои ниёгон, ки ба онњо намояндагони минтаќањои дур низ шомил мешуданд, аз нав эњё намоянд. То њар донишљўе, ки баъди хатм ќисми донишашро бо эњтироми хосси худ нисбат ба устоди зиёии тољик ба ватанаш мебурд, дубора зинда кунад. Ормони ман ин аст, ки њокимияти мо мардуми тољикро ба «худї» ва «бегона» аз рўи мањал, муносибат ба фасод, ба роњбар таќсим накарда, хамаи мардумро чун як оилаи ягона, ки маъсулияти баробар барои бунёди Ватани босубот ва тараќќикарда дошта, бояд эътироф намоянд. Натанњо фарзандони роњбарони олимаќом чун фарзандони имтиёзнок, балки фарзандони сокинони кулли шањру ноњияњо чун фарзандони дўстдоштаи давлат ќабул карда шаванд. Ормони ман ин аст, ки тољикон, яке аз халќњои бунёдкори давлат ва давлатдорї дар дили Шарќ буда, тавонанд дар оянда давлатдории миллии худро њифз намоянд. Халќи ман, ки зиёда аз 27 давлати мутамарказ бунёд намудаву онро ба муваффаќият идора кард, ки дар байни онњо Порт, Кушониён, Сомониён, Ѓўриён

ва дигарон дар таърихи љањонї маќоми хоса доранд, имрўз чун «давлати ношуд» эътироф нашавад. Ормони ман ин аст, ки сохторњои давлатдории мо набояд зери фишори фасод, мањалгарої, белаёќатї ва ифротгарої шикаст ёбад. Симои вазирони бисёрзанаи имрўза не, балки симоњои вазирони бузурги гузашта чун -Балъамї, Љайњонї, Низом-улмулк ва садњо дигарон бояд роњбалади љавонони мо, ки ба хизмати давлатї шомил мешаванд, бошанд. Онњо бояд хуб ва дуруст донанд, ки кадом шамъ барои хизмати давлатї ва кадомаш барои талаботи шахсї истифода шавад. Ормони ман ин аст, ки давлати дунявии мо ба озодии виљдони шањрвандони худ эњтиром гузошта, роњњои пурзўрнамудани њусни тафоњум ва њамкории шариконаро дар самти муносибати давлати дунявї ва љомеъаи исломї онро коркард ва мунтазам амалї намояд. Ањолии худотарси мо баъди гирифтани номи Офаридгор эњтироми худро нисбат ба давлати худ доим дарк карда, дар тањкими пояњои он сањмгузор бошад. Ормони ман амалинашаванда нест. Ормони ман њаќќонї аст. Танњо сафарбар намудани кўшишњо аз роњбари сиёсии њозира то фарроши мактаби миёнаро, ки дар яке аз кунљњои кўњии мо љойгир мебошад, талаб менамояд. Дар он њол мо метавонем љойгоњи худро дар сафи миллатњои комёб ва маѓрури замони муосир ишѓол намоем, дар њоли дигар мо боз солњои зиёд «љойњои аввал»-ро дар рўйхатњои љањонї оид ба фасод ороиш дода, оњиста ва ногањон аз мусобиќаи љомеаи љањонї ќафо мемонем. Мо њоло низ имконоти интихоб дорем, агар Шумо розї бошед, биёед якљоя орзу мекунем. њумайрои Бахтиёр


4

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

дидгоњ Халил Ќаюмзод:

Маскаве, ки ман мешинохтам Мумкин аст, ин навиштаро як навъ носталжи, хотира ва ё ќиёскунї номид.

Њ

анўз дар даврони кўдакї бо ањли хонавода чанд муддат дар Маскав зиндагї кардем. Ман синфи якумро тамом накарда, ба пойтахти Русия рафтем ва дар он љо натавонистам ба тањсил идома дињам. Вале дар хона дарс мехондам. Баъзе њуљљатњо барои дохил шудани ман ба мактаб лозим буд, ки онњоро надоштам. Аввали солњои навадуми асри гузашта буд. Љанги шањрвандї дар Тољикистон, бўњрони иќтисодї дар Русия. Дўсти аввалини руси ман Костя шуд. ў дар њамсоягї бо мо мезист. Баъзан ў ба хонаи мо меомаду баъзан ман бо хонаи онњо мерафтам. Бозї мекардем, дендибозї. То њол намедонам номи пурраи ў чї тавр аст. Шояд Константин бошад. Мо самимї дўстї мекардем, на расмї. Як рўз, ваќте бо Костя дар майдони пеши хона футболбозї мекардем, калонсолон омаданду хоњиш карданд, ки майдонро холї намоем. Онњо аз ман пурсиданд, ки њаводори тими куљо њастам? Ман њайрон будам, ки чї љавоб дињам. Дубора пурсиданд, ки тарафдори тими мунтахаби футболи Русия њастї, ё Аргентина? Гуфтам, тарафдори Аргентина. Онњо ханда карданду гуфтанд, ки дуруст, Аргенти-

на дар футболбозї ќавитар аст. Аммо барои чї бошад, ки дар бобати хоккей напурсиданд. Чун Русия дар хоккейбозї ќавї аст ва футбол чандон бозии русї нест, чун иќлими Русия дигар аст. Ману Костя таќрибан ними Маскавро тай намудем. Касе аз ман хавотир намешуд. Њатто он замон телефонњои мобилї њам набуданд. Њама дар хона бовар доштанд, ки ман ба хона тансињату солим бармегардам. Костя палаву шарбати хонагии моро дўст медошт, ман карамшўрбои онњоро... Ман Маскавро ёд дорам, Маскави мењрубон ва аммо... чиркинро. Њама гирду атрофи шањр пур аз порањои нону партовњо буданд. Ёд дорам, чї тавр мо дар назди дарё бозї мекардем. Дар он љо љавонон хушњолї мекарданду занону мардони пир якдигарро оѓўш кашида, дар харакњо менишастанд. Ваќте мо ба Ватан баргаштанї шудем, ёд дорам, чї тавр зор-зор њамсоягони мо мегиристанд. Ин як сањнаи хеле самимї ва дилнишин буд. Калон шудам, дубора ба Маскав рафтам. То он дам њам ба Маскав мерафтам, аммо барои ду-се рўз ва ё аз ин њам камтар. Њар сањар, пеш аз он ки

ба кор равам, медидам, чї гуна њаммилатони ман кўчањоро р н карда, аз ифлосї тоза мекарданд. Ин дафъа њам дар наздикии дарё мезистам. Назди дарёи “Маскав”. Њар бегоњ берун мебаромадаму назди он дарё менишастам ва гоњо дониста он љо чанд боќимондаи сигорро ба ќуттињо мепартофтам. Ва сањар он љо тоза мешуд, мисли дирўз. Он љо њаммилатони худамро дидам, ки кўчаву хиёбонњои Русияро тоза мекарданд. Аммо Маскав мисле, ки худаш набуд. Мардумаш бадќањр, бадрафтор, худи шањр пурсадову асабонї менамуд. Њамчунин, онљо ман њаммилатонамро дидам, ки ба эљодкорї, илм, тиљорат ва сиёсат машѓул буданд. Ёд дорам, чї тавр солгарди шоири тољик, Мўъмин Ќаноатро дар Хонаи Миллатњои шањри Маскав љашн гирифтем. Ёд дорам, сарояндагони тољикро, ки бо барномањои консертї ба Маскав меомаданд. Аммо Маскав дигар шудааст. Њар рўз њаммилатони ман дар он љо бо мушкилу бењуќуќї рўбарў мешаванд. Маскави мењрубон ба ман хиёнат кард? Куљої, Маскави мењрубони ман? Ман Маскави кунуниро намешиносам...

се назар

Душанбе гузашт кард, чаро Маскав гузашт намекунад?

М Абдулло Ќодирї, сухангўи хадамоти муњољирати Тољикистон

асъалаи љавобгў будани кадрњо ба талаботи бозорњои дохилї ва хориљї яке аз нуктањои пайёми раисљумњури Тољикистон ба парлумони кишвар буд. Хадамоти муњољират њам барои иљро гардидани ин дастуру супориш тамоми чорањоро меандешад. Бояд гуфт, ки муњорљирати корї сол то сол афзоиш ёфта, раќобат дар ин маврид пуршиддат мегардад. Надоштани касбу кор, забондонї ва омода набудани муњољирони корї ин як мушил мебошад. Барои бартараф кардани ин мушиклот дар марказњо мо 4 маркази таълимї таъсис додем. Нуктаи дигари муњими кор ин таѓйиру иловањо ба созишномаи дуљониба буд, ки муњлати иљозаро ба 15 рўз бурд. Пањлўи дигари мусбат дар созишнома ин аст, ки аз ин ба баъд шањрвандони Тољикистон бидуни аз марз баромадан давоми 3 сол метавонанд дар љойи кор боќї монанд. Бояд гуфт, ки ќаблан шањрвандон барои идомаи кори худ маљбур буданд, ки марзи Русияро убур кунанд, ки ин дар пай њамчунин эњтимоли аз даст додани љойњои кориро дошт. Тавре љаноби Ромадановский њам дар суњбати охири худ гуфт, Русия ва Тољикистон ба якдигар зарурият дорад. Њаминро бояд гуфт, кит Тољикистон ва Русия шарикони стратегї буданд ва њастанд.

Ч

Г Фирўз Саидов, коршинос

уфтан мумкин нест, ки Тољикистон њамеша дар њама масоил барои Русия гузашт мекунад. То муњољирати мењнатї ва баъд аз он њам буданд масъалањо. Солњои охир њамаи чорањо андешида мешавад, ин масъалаи сиёсї њаст ва тавре мо медонем дар ин маврид на њамеша аз руйи манфиатњои њукумати Русия кор мегиранд. Он њодисањои охире, ки буд он њам сару сдаои зиёде ба вуљуд овард. Набояд фаромуш кард, ки Тољикистон ва Русия шарики стратегї њастанд. Бояд гуфт, ки дар Русия баъзе аз неруњои сиёсї дар баъзе аз маворид аз муњољирони кории мо истифода мекунанд. Вале ин маънои онро надорад, ки Тољикистон њамеша дар њама масоил барои Русия гузашт мекунад.

Меърољиддин Њакимов, вакили парлумони Тољикистон

ї гуна Русия дар муносибат дар Тољикистон гузашт намекунад, ваќте дар соли 2013 ин кишвар яке аз сармоягузорони аслии давлати Тољикистон аст. Инро бояд ба инобат гирифт, ки новобаста аз теъдоди умумии муњољирони кории тољик, ќисми зиёди шањрвандони мо дар ин кишвар бо љойи кор тахъмин њастанд. Фишор натанњо дар нисбати муњољирон аст, ин сиёсат аст. Дар дохили Русия њам чанд гурўњ њаст. Бархе аз ин гурўњњо мехоњанд аз муњољирон ба унвони силоњ истифода кунанд. Набояд фаромуш кард, ки аз собиќ иттињоди шуравї танњо Тољикистон имтиёзњои бештарро аз Русия гирифтааст. Дигар њеч давлати ба монанди Тољикистон имтиёз надорад. Тољикистон ва Русия њамкории худро дар асоси ќонун ба роњ мондаанд. Он њама сару садое, ки дар баъзе аз расонањои хабарии Русия пайдо мешаванд, он танњо хусусияти шоу дорад. Он нуктаи назари њукумати Русия нест.


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

5

мавќеъ

Аз бефарњангии Сиёсат то сиёсати бефарњангї

Имрўз иќтибосеро хондам, ки гуфта мешуд муаллифаш инќилобчї Эрнесто Че Гевара аст: «њаёти як инсони алоњида миллион бор аз кулли боигарии доротарин инсони рўи Замин пурарзиштар аст».

Афсонањои халќї

...Имрўзњо, гўё њисси ваќтро гум карда бошанд, ки дар давраи Шўравї зистем ва ё умуман аз он ки дар асри 21 зиндагї дорем, зиёд дар бораи “ќишлоќи тиллої” ва “шоњаншоњ” њарф мезананд.

Ќадри инсон Ин барномаро барояш кї навишта бошад?

Ш

Мењмоншо Шарифзода

Б

исёрињо тассавур намекунанд, ки љомеае, ки интизораш бошем, бояд чи гуна бошад. Мардуми Тољикистон дар интизори љомеае озод ва роњбаре тамом буданд ва њастанд, ки тавонад ин љомеаро бо таркибњояш ташкил кардан ва ба як системаи амалкунанда табдил додан. Вале мебинем, ки зиёда аз бист сол боз мо дар давраи “гузариш” ќарор дорем, вале боре аз худ напурсдаем ки оё ин гузариш, ин раванд, ин њаракат дар мо њаст ё нест? Оре ваќт гузашта истодааст, вале мо гўё ба таври њамешагї дар њолати ‘барзахї’ ё ‘гузариш’ ё чи хел, ки дар антропология онро њолати лиминалии (liminality аз калимаи лотинии līmen “остона” гирифта шудааст) љомеа медонанд, мондаем. Њолати лиминалї њолат ё равандест, ки љомеа ваќти гузаштан аз як сохти сиёси- иљтимоии шикастхўрда ба љомеаи нави шаклгирифта аз сар мегузаронад. Дар ин муддат бояд љомеаи нави бо арзишњо, идеяњо ва идеалњои нав шакл гирифта ва амалкунанда ба вуљуд биёяд, вале дар мо њатто нишонањои љомеаи оянда дида намешаванд. Ваќте ба саволи дар кадом система ё форматсияи иљтимої ќарор дорем мардум, махсус сиёсатшиносони давлатї посух мегуянд, унусрњои демократї вуљуд доранд ва мо “дар давраи гузариш” ё “марњалаи транзитї ба демократия” ќарор дорем. Чи хеле ки шоњидем воќеият мегўяд, ки гузариш нест ва ин ки дар бораи либерализм, демократия, давлати њуќуќбунёд ва ѓайра њарф мезананд, калимабозие беш нест. Зеро дар мо имрўз унсурњои бисёр форматсияњои иљтимоиро дидан мумкин аст, ба хусус унсурњои давраи феодалї аз дигар унсурњо воќеитар ва пурќуваттаранд ва ин маслињатчиён бо њастии худ љузъи он унсурњо ё рамзњои холии демократия њастанд, ки ќавми ба ‘шоњигарї’ расида барои фиреби назар аз онњо истифода мекунанд... Мо дар ин нуќтаи барзахї мондаем ва гузашта аз ин ба ѓайр аз маризињои таърихии мо, ки аз нав зинда шудаанд боз бо баъзе (маризї) рўйдодњои навин одат кардаем ва љомеа ба љомеаи намоишњо, ниќобњо, сояњо ва масхарабозњо табдил ёфтааст. Таркибњои иќтисодї, иљтимої ва сиёсии фарњангии љомеа, ки харобанд њанўз маълум нест ин сохти зиндагии мардумро чї бояд номид ва ин сохти њаёт ба кадом њаќиќат ва ба кадом идеология такя мекунад? Ин сохтро, ки њазорњо берун аз истиќлолият дар муњољиратанд, ва њазорњои дигар дар ватан

Алї Мастов

бехатарии вуљудї ва иљтимої надоранд, ва дар њамин њол гурўње ‘шоњигарї’ доранд ва гурўњи дигар аз мудирияту роњбарї дур мондаанд, касе намедонад чї бояст номид ва њизбу њаракатњои сиёсии Тољикистон, ба хусус њизби њоким, исбот карданд, ки ќобилият ва ќудрати сохтани љомеаи Тољикро надоранд ... Имрўз њар ки сиёсатро дар Тољикистон дар сатњи идеология тањлил карданї ва диданї мешавад хато мекунад, зеро чи хеле гуфтем идеологияњо дар ин сарзамин танњо пардаи пиндоранд ва сиёсатро инљо дар сатњи табиати инсони (human nature) тањлил мебояд кард. Дар фарњанги Ѓарбї ин бунёдро њамчун status naturalis , нуќтае, ки фарњанг (culture) аз он оѓоз мешавад медонанд, ки дар ин роњ тарбияти (cultivation) табиати инсонро асос медонанд. Дар Тољикистон табиати тарбият нодидаи инсониро бо идеологияњо печонидаанд ва ќабилаи сиёсатмадор, ки ба сурат фарњангианд ва аз арзишњову идеалњои баланд њарф мезананд дар амал (дар сиёсат) сахт бефарњанганд. Бубинед, ки дар сатњи давлатї сиёсати хориљ кардани дигаронро аз роњбарї ва мудирият, аз рўи мањал ва ё аз рўи наздикї ба шахси якуми љумњурї, чи гуна ба роњ мондаанд, ки ин ба назарияе дар улуми иљтимої бо номи exception, касеро ё чизеро берун кардан, наздикї дорад. Касоне ки ба сиёсат машѓуланд чун роњи худї -њаќиќат -ќудрат ва фазосозии ваќтро нарафтаанд аз рўи мањдудањо ва арзишњои мањдуди хеш амал мекунанд, ки ин боиси буњрон дар њама соњањои њаёт гаштааст ... Муддатест бо гап њама чиз сохтаем, њатто вањдат, миллат ва истиќлолро, бехабар аз он ки он сўи калимот, маънињои асл њастанд, ки дар ташкили ашё ва рўйдод наќши њалкунанда доранд. Фикр мекунам, ин аз як тараф ба табиати забон ва фарњанги пурѓановати Тољикї њам вобастагї дорад, ки њар чизи холиеро ба осонї олї метавонем кардан. Ин сифати забони Тољикиро дар сафарњои президенти мамлакат метавон дидан, ки чи тавр вохурињо ба сањнањои мадњу ситоиши дарборї табдил меёбанд , мардум зери таъсири љодувонаи забон дар бораи чизњое њарф мезананд, ки аслан вуљуд надорад, дурўѓ мегўянд, ва аљибаш ин ки аз љой хеста бо ќарсакзании бардавом ин суханњоро њамроњї мекунанд. Он љо умуман фикри солими тањлилї – танќидие, ки ба нафъи љомеа бошад, нест. Ин худ танњо сифати забони равони Тољикї нест, балки мардум ба ин њолат расонида шудаанд ва

њанўз аз давраи Шўравї ба ин њолат одат кардаанд. Одату ѓафлатро ва арзишњои мављудаи њар як муњити фарњангиро инсонњои бедор метавонанд зери суол бурдан ва инсонњои бедор касонеанд ки аз ин роњи худї – њаќиќат - ќудрат ва фазосозї гузаштаанд ... Ин љо метавон гуфт, ки се чизи муњимро аз ёд бурдаанд, аввал, маќом ва ќудрати забони (фарњангї) Тољикиро, дуввум, роњњои худї -њаќиќат -ќудрат ва фазосозро, ки барои сохтмони шахсият, љомеа ва инкишоф бунёдианд, ва сеюм, ќудрат ва созандагиро. Ин аз он сабаб аст, ки имрўз ин ќавм, ки ба сиёсат даст мезананд ин роњро, ки худсозияш мегўянд нарафтаанд ва дар вуљуд њамоњангии худї, ќудрат ва њаќиќатро надоранд, вагарна ин мардумро аз ин њолати барзахї (гузариш) барваќт ба љое мегузаронданд. Аслан аз шинохти ин чор унсури муњими сохтмони шахсият ва љомеа; худї, ќудрат, њаќиќат ва ќонун (дониш ва таљриба дар бораи худ) бегона мондаанд. Ин рўйдод моро ба бефарњангии сиёсї расонидааст ва сиёсати имрўзаи моро фарњангбунёд наметавон гуфт. Бубинед , ки худ калимаи фарњанг, ки аз ду калима “фар” (нур, дониш) ва “њанг” (ќудрат) иборат аст худ намуна аз мардумест, ки дониш ва таљрибаи сатњи баланд доштаанд ва доранд ва мутаминам, ки ин таљриба аз фањмиши Ѓарбиён дар бораи culture, як сару гардан баландтар буд ва њаст. Худ калимаи “фарњанг” ин њама унсурњои созандаро, ки номбар кардем, дар бар мегирад ва он инсоне фарњангист, ки роњи худї -ќудрат -њаќиќат ва фазосозиро гузашта бошад. Ин гуна инсон метавонад зиёии асл будан ва ба сиёсати созанда даст задан ва танњо чунин мардон ё занон метавонанд худро љавобгари номус ( њаќќу њуќуќ, моликият) ва таъминкунандаи бехатарии вуљудї ва иљтимоии мардум њисоб намоянд... Дар ин малакат сиёсатро ки наздиктарин унсур ба њастии инсон аст ва ба низомдарорандаи муносибатњо ва ашёст, бисёрињо ва њатто онњое, ки дар маќоми баланд њастанд як чизи “ифлос” шинохтаанд. Шояд биср рўйдодњои паст ки дар љомеа сурат мегиранд ба чунин фањмишњои пасти баъзе сиёсатмардони мо алоќа доранд. Ин фањмиши кўчагии сиёсат ба фарњангї баланди Тољикї муќобил њаст , ки фазои сиёсї њама ваќт аз арзишњои баланди номусї мисли ќонун, дин, иќтисод (моликият) ва ахлоќии мардум сарчашма мегирифт... (давом дорад)

ояд дар ягон љои дигар, дар сайёраи дигари њанўз ба мо номаълум, ки зиндагї дар он њаст, њаёти инсон болотар аз њар чизи дигар бошад; аммо на дар сайёраи мо, ва бахусус на дар кишвари мо. Чанд рўз ќабл фарзанди шонздањсолаи Њукумов ќадру ќимати њаќиќии инсон миёни тољикон ва низоми додгоњии ин кишварро нишон дод: кормандони њифзи њуќуќ нисбаташ иддаое накарданд, балки шояд ба пешнињодаш розї шуданд. Ќиммати инсонро дирўз догоњи тољик низ таъйид намуд ва мижа тањ накарда Садриддин Тошевро њафт сол ва Суннатулло Ризоевро нуњ сол зиндонї кард. Сабаб њам он буд, ки ин ду нафар «дурўѓ»-еро гуфтанд, ки воќеъияташро ба чашми сар дидаанд ва «иттињом»-еро пеш оварданд, ик далоилашро дар бадани худ нишон доданд. Бинобарин норозигии худро бо љаноби Че изњор медорам, чун њаёти инсон дар љомеаи мо як тини пучак њам арзиш надорад. Њар нафар, њатто як амалдори сатњи миёна, метавонад таќдири одамонро мувофиќи табъу хоњиши худ њал кунад. Таќдири Тошев, Ризоев, Зайд Саидов, Ёќуб Салимов, Мањмадрўзї Искандаров, духтури саратоншинос Хуршед Бобокалонов, Исмонбой Бобоев, Сафаралї Сангов, Бањромиддин Шодиев, Назарќул Холиќулов, Њамза Икромзода ва нафарони дигар таъйиди ин суханонанд. Паси пардаи њар кадоми ин њолатњо, бахти шикастаю њаёти аздастрафтаи дањњо, шояд садњо хешону наздикон нињонанд. Бештар аз ду њазор сол пеш Арастуи њаким ба суоли он, ки маќсади зиндагї чист, љавоб дода буд: Хидмат ба дигарон ва накукорї. Дар њаёти имрўзи мо чї? Шоир ва нависандаи амрикої Љек Керуак гуфтааст, «Гоњо чунин менамояд, ки дар дунё зиндагї кардан ѓайриимкон аст. Аммо љои дигаре барои њаёт нест». Бо дарназардошти «муњаббати» махсуси њукуматдорон ба шањрвандони кишвар дар дохил ва хориљи марзи он (ба хусус дар Русия), ман бо андешаи адиби амрикої розї мешавам.


6

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

пурсиш

Аз иштирок накардани ЊНИТ ба интихобот чї таъсир мерасад? Абдуманнон Додоев, раиси дастгоњи КМИРТ Иштирок кардану накардани як номзад аз љумла Бобоназарова ба фазои интихоботии Тољикистон ягон тасъир намерасонад. Зеро дар маъракаи пешазинтихоботї 6 номзад тарѓиботи худро оѓоз кардаанд ва ин љарён фаъолона ба пеш рафта истодааст. Њоло дар вилояти Суѓд мебошанд ва дар шањри Душанбе ва якчанд навоњии тобеъи љумњурї ташвиќоти худро гузарониданд. Ин ягон таъсири манфие намерасонад.

Рамзия Мирзобекова, журналист Иштирок накардани ин њизб ба раванди интихобот ягон гуна таъсире намегузорад. Аллакай маълум аст оќибаташ чи гуна хоњад буд, чи бе иштироки ЊНИТ, чи бо иштирокаш.

Сўњроб Шарипов, вакили парлумон Ин њизб номзад надорад, то пешнињод кунад ва имзоњои лозимаро љамъ накардааст. Бинобарин хоњ нохоњ берун аз интихобот меистад. Вале шањрвандоне, ки аъзои ин њизб њастанд метавонанд дар интихобот ширкат кунанд. Чун ин аз мавќеи сиёсии ин њизб вобаста нест ва ихтиёристу њарки хост ширкат мекунад. Барои њамин адами ширкати ин њизб ба интихобот ва ба њуќуќњои конститутсионии худро пеш бурдани шањрвандон онќадар љиддї таъсир намерасонад.

Мањмадалї Њаит, раиси ситоди интихоботии Ойнињол Бобоназарова Таъсираш ин аст, ки бори дигар ба љањониён собит гашт, ки њукуматдорони мо иродаи сиёсии баргузор намудани интихоботњои шаффофу демократиро надоранд. Ба обрўву њайсияти Тољикистон дар љомеаи байналмилалї ва љомеаи худї латмаи љиддї зада шуд ва натиља ба манфиати миллат ва давлати Тољикистон нест.

Аюб Эгамов, сиёсатшинос Дар интихоботи Президентии 2013 бевосита иштирок накардани ЊНИТ аз сар маълум буд ва ин мавќеи худро худи раиси ЊНИТ Муњиддин Кабирї низ чанд бор гуфта буд. Барои

њамин раёсати ЊНИТ ќарор ќабул кард, ки номзадии шахси дигарро, ки аз мавќеи њизб њимоят кунад дастгирї кунад. Азбаски номзади интихобкардаи онњо «нагузашт», дурусттараш «нагузаронданд» дигар иштирок кардан ва ё накардани онњо, тасмимњои ояндаи онњо аз мавќегирии раёсати њизб вобаста буд. Онки ЊНИТ аз тањрим даст кашид, фикр мекунам зери таъсири гуфтањои намояндаи КМИР оиди тањрим ва љавобгарии он ба амал омад. Яъне ЊНИТ таслим шуд ва раќобатро бо режими кунунї бемаънї њисоб кард. Мумкин аст ин иќдом барои нигоњ доштани амнияти њизб ва дар оянда фаъолият доштани он бошад, зеро амалњои охирини њукумат ба ЊНИТ њамчун њушдор буд, ки дар ваќтњои наздик фаъолияти ин њизбро бозмедоранд.

Шокирљон Њакимов, муовини раиси ЊСДТ Бо баробари ЊСДТ ширкат накардани ЊНИТ дар интихобот бешубња ба натиљаи он таъсири манфї мерасонад. Аз баски аксарияи муњољирини корї њамаќидаи ин ду њизб мебошанд ва бо дарназардошти эњтимолияти иштирок накардани аксарияти шањрвандони дар дохили кишвар буда дар ин интихобот эњтимолияти зиёд аст, ки интихобот баргузор нагардад. Чунин ба назар мерасад, ки ба ќайд нагирифтнаи Ойнињол Бобоназарова ва тарзу шакл ва усули маъракаи пешазинтихоботї,

ки бештар хусусияти сунъї ва мазњакаро дорад, интригаи интихоботро беќурб намуд. Бархурди барномањо ва раќобати аќлњо дар заминаи тафовути барномањо вуљуд надорад. Дар натиља чунин як маъракаи муњими ањаммияти стратегидоштаро ба бозие, ки шартњояш ќаблан мувофиќа шуда натиљааш аён аст табдил доданд, ки боиси паст шудани эътибори њокимияти сиёсї ва заминаи иљтимоии вай гардида ба таќдири минбаъдаи давлату миллат таъсири манфї мерасонад. Ва аз њама муњимаш чунин тарзи ташкили интихобот ба ташаккули фарњанги сиёсї, равияњои гуногуни мафкуравї ва тањкими нињодњои демократї мусоидат накард, ки боиси таассуф аст.

Мењмоншо Шарифзода, сиёсатшинос Фикр мекунам, мардум бояд дарк кунанд, ки интихобот як намоише беш нест. Чун ин гуфтугў дар воќеияти Тољикистон реша надорад ва бозингарони ин намоиш аз тарафи маќомот интихоб шудаанд ва баъзе номзадњо њатто маќсади ин маъракаи сиёсиро намедонанд. Амалњои ЊНИТ чи ба таври мустаќил ва боз њамчун љузъи таркибии ИНИТ (Иттињоди Неруњои Ислоњотхоњи Тољикистон) ба он равона шуда буд, ки бунёди фасоди сиёсї дар Тољикистон вайрон карда шавад ва фарњанги сиёсї дар мамлакат њукумрон бошад. Ва мо шоњидем, ки аз сари ин њизб

чи гузашта истодааст. Имрўз ин яке аз њизбњост дар Тољикистон, ки бо он ки дар дохил ба тањаввулот, тарбия кардан ва наздиккардани аъзоёни худ ба воќеияти Тољикистон ва љањон машѓул аст, боз њам дар раванди зиндаи бархурди сиёсї дар контексти љањонї ва дохилї ќарор дорад, марњилаи созандаи шинохти худї- ќудрат -њаќиќат ва фазосозиро аз сар гузаронида истодааст. Аз ин рў фикр намекунам, ки масъалаи сиёсии имрўз иштирок кардан ва ё накардани ЊНИТ дар ин интихобот бошад, ки ба њама оќибати ин интихобот маълум аст ва ин интихобот маъние медошт агар номзадиии Бобоназарова мегузашт. Аз ин рў ќуввањои ислоњотхоњ ва мардуми шарифи Тољикистон набояд асли воќеиятро нодида гиранд. Дигар ин ки дар бораи ЊНИТ ва роњбарияти он набояд аз рўи хаёлњои кўчагї бањо дод, балки ин њаракатро имрўз дуруст бояд шинохт ва бањо дод.

Илњом Назриев, тањлилгари масоили сиёсї Ба назари ман ба фисади овозњо шояд таъсире љиддї нарасонад. Лекин аз љињати сиёсї, ин як навъ эътироз аст. Имиљи интихоботро дар сатњи байналмилалї метавонад коста кунад.


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

7

њаводис

Ф

арзияњо дар нисбати ќазияи писари Амонулло Њукумов хеле зиёд аст. Нахуст хабарњое пањн шуд, ки ў њамон шаби њодиса Тољикистонро тарк кардааст. Баъдан гуфта шуд, барои табобати дасти дар садама захмишудааш Олмон рафтааст. Хабарњое низ расид, ки Расул дар СИЗО ќарор дорад. Аммо њеч яке аз ин хабарњо расман тасдиќ ё такзиб нашудаанд. Њамаи њамин сару садоњо буд, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тољикистонро маљбур кард, бо нашри иттилоияе таъкид намояд, ки њеч майли аз љавобгарї гурезондани Расули Амонуллоро надорад. Дар иттилоияи ВКД омадааст, расонањои ахбори умум ба садама бо иштироки писари Њукумов рух додааст, њаргуна тобиши сиёсї дода, ишораи онро доранд, ки гўиё Вазорати корњои дохилї майли аз љавобгарї дур сохтани гунањгоронро дошта бошад. Вазорати умури дохилии Тољикистон ќайд менамояд, ки њодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботи ќонуну ќоидањои амалкунандаи љумњурї њуљљатгузорї карда шуда, нисбати он парвандаи љиноятї оѓоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад. Ин нињоди ќудратї афзудааст, новобаста ба он, ки гунањкор фарзанди кадом шахси воломаќом набошад, мутобиќи ќонунгузории Тољикистон ба љавобгарї кашида мешавад. Аз ин пештар Рустам Менглиев, вазири адлияи Тољикистон, дар сўњбати бо “Озодагон” итминон дод, ки ќазияи Расули Амонулло “аз рўйи адолат баррасї шуда, њаќ ба њаќдор хоњад расид”. Сўњроб Шарифов, узви Маљлиси Намояндагон ва раиси пешини Маркази тадќиќоти стратегии Тољикистон бошад, бо ишора ба 16-сола будани писари Њукумов гуфт, дар чунин њолатњо ќонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” њаст, ки барои њамаи шањрвандони кишвар як аст. Ба гуфтаи ў, “чї мансабдор аст, чї камбаѓал, бояд ќонунро риоя кунад. Он касе, ки ќонунро риоя намекунад, ба љавобгарї кашида шавад ва љазои худро бубинад. Чи писари мансабдор аст, чи шањрванди оддї”. Аммо дар ин ќазия як нозукии дигар њам њаст. Масалан, баъди садама дар хабарњо сарнишини “БМВ”, ки сабабгори сониња шуд Асрор Њукумов, бародарзодаи Амонулло Њукумов эълон шуда буд ва баъдан аз ў Расули Амонулло ном бурданд. Зимнан, Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилии Тољикистон дар суњбат бо радиои “Озодї” гуфтааст, ки «њоло тафтишот љараён дорад ва њанўз гунањкори аслии њодиса муайян нашудааст». Як лањза баргардем ба худи ќазия. Тибќи хабари Вазорати умури дохилии Тољикистон шаби 9-уми октябр “ронандаи автомашинаи тамѓаи БМВ (раќам 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рўдакї аз тарафи кўчаи Тењрон ба самти кўчаи Фотењ Ниёзї бо суръати баланд њаракат карда, ба наќлиёти тамѓаи “ВАЗ-21014” (раќамаш 80-36 ВВ 01) тањти идораи ронанда Аловуддин Саидов (соли таваллудаш 1991), сокини кўчаи Хуљамбиёи болои Душанбе, бархўрда, садамаи наќлиётї рух додааст.” “Дар натиљаи ин садама ронандаи автомашинаи тамѓаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар љои њодиса ба њалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова Сурайё (соли таваллудаш 1989), сокини Турсунзода, њангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Уктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шањри Душанбе ба њалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ. Тавре баъдан маълум шуд, яке аз ин фавтидањо писари райиси чойхонаи “Роњат” будааст. Ў дар суњбат ба “Озодагон” гуфт, ки њамаашро аз таќдири илоњї мебинад ва њеч даъвое нисбат ба сабабгори садама надорад. Баъди ин садама дар шабакањои иљтимої аксњое пайдо шуд, ки гуфта мешуд Расули Амонулло аст. Дар ин аксњо ў љое чилим мекашад, љое дар даст тапонча дорад ва љое дар назди мошини БМВ бо раќамњои “2020” меистад. Ва як чизи дигарро њам бояд гуфт, ки ин нахустин писари рањбари ширкати “Роњи оњани Тољикистон” нест, ки дар расонањо ва љомеа номаш вирди забонњо шудааст. Аз ин пеш исми Рустам Њукумов сари забонњо буд. Номи ў замоне ба расонањо рехт, ки ќазияи халабонњои рус пайдо шуд.

Расул баргашт, вале боздошт нашуд Садамаи маргбор бо ширкати Расули Амонулло, писари ноболиѓи райиси ширкати “Роњи оњани Тољикистон” мавзўи аслии суњбатњо шудааст. Ин њодиса ба ќавле “коњи куњнаро бод кард” ва сонињањои маргбор бо њузури фарзандони мансабдорон ва чењрањои шинохтаро рў занонд. Аммо њеч њолати дигар он ќадар сару садо ба по накард, ки садамаи писари Амонулло Њукумов. Ваќте дар Ќўрѓонтеппа ду халабони русро боздошт карданд, матбуоти Русия навишт, Тољикистон мехоњад бар ивази халабонњо писари бо иттињоми ќочоќи њероин дар Русия боздоштшудаи Амонулло Њукумов рањо шавад. Тибќи иттилои расонањо, Рустам Њукумов дар соли 2008 дар Русия дастгир шудааст. ў моњи декабри соли 2011, дуруст як моњ баъд аз рањоии он ду халабон, аз мањбас рањо ёфт ва ба Душанбе баргашт. Аммо бо ин њама номи Рустам Њукумов аз матбуот дур нашуд. Хосатан ваќте ки ў аз додгоњи Душанбе талаб кард њафтаномаи “ИмрўзНюс” ба ў 50 000 сомонї љуброн дињад. Даъвои ў алайњи як матлаби ин рўзнома бо номи “Боќиев ва Њукумов: Фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд” буд. Додгоњи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт бањси додгоњии писари раиси Роњи оњани Тољикистон бо нашрияи «ИмрўзНюс»ро ба поён бурда, дувумиро ба пардохти 50 њазор сомонї љубронпулї муваззаф кард. Њоло њама гушу њушанд, ки ќазия писари 16-солаи райиси ширкати “Роњи оњани Тољикистон” чї мешавад? Вазорати умури дохилї мегўяд, дар робита ба ин њодиса бар асоси моддаи 212, ќисми 3-и Кодекси љиноии Тољикистон парвандаи љиної боз карда, тафтишотро идома медињанд. Расули Амонулло ягона фарзанди мансабдори тољик нест, ки сабаби садама шудааст. Моњи апрели соли 2008 Бобур Азимов, писари собиќ дабири Шўрои амнияти Тољикистон Амирќул Азимов худрави “Тайота”-ро бо суръати баланд ронда, ба роњи муќобил мебарояд ваба як мошини дигар бармехўрад. Дар натиља як нафар ба њалокат расида, панљ тани дигар бо шумули як тифл љароњати вазнин бардоштанд. ў тибќи моддаи 212-и ќонуни љиноии Тољикистон панљ сол равонаи зиндон гардида, илова 3 сол баъд аз зиндон аз њаќќи ронандагї мањрум шуд. Аммо баъдан тибќи ќонуни авф ба озодї баромад. Аммо садамае, ки љомеа дуру дароз дар мавриди он њарф зад, ду соли ќабл ба

вуќуъ пайваст. Фарњод Абдуллоев, писари он замон 24-солаи раиси Додгоњи Олии Тољикистон Нусратулло Абдуллоев 12-уми апрели соли 2011 равон, савори мошини гаронарзиши тамѓаи BMW Х6 Люг Жеун, корманди 46-солаи як ширкати роњсозии чинро пахш кард. Љабрдида дар љои њодиса ба њалокат расид. Дар нисбати Фарњод парвандаи љиної боз шуда, аммо дар робита ба натиљањои ташхис, ки гўиё “Абдуллоев имкони сари ваќт манъ кардани мошини тањти назораташро надошт”, баррасии он анљом ёфт. Фирдавс Шарифови 26-сола, писари Изатулло Шарифов, сардори раёсати корњои ислоњї бошад, бо мошини шахсии «Лексус300»-аш се нафарро пахш кард, ки љон ба саломат бурданд. Парвандаи ин ќазия низ зуд “пўшида” шуд. Муњаммади Абдуќодир, муовини аввали додситони кулли Тољикистон зимни як нишасти матбуотї 10-уми январи соли 2012 гуфта буд, ки дар рафти санљиш муайян шуд, ки дар њар ду њолат њам аз љониби љабрдидагон ќоидаи њаракат дар роњ риоя нашудааст. Њамзамон, муовини аввали прокурори генералї афзуд, ин Фарњод Абдуллоев ва Фирдавс Шарипов агар ќонунро вайрон мекарданд, албатта ба љавобгарї кашида мешуданд: «Сонињаи наќлиётї њодисаи тасодуфї буда, новобаста ба хоњиши одам ба амал меояд». 3-юми майи соли 2012 Муњаммади Тиллозода, писари 21-солаи муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон бо мошини «Тайота Кемрї» дар канори дењаи Андигони ноњияи Вањдат Муњиддин Ортиќов, сокини 12-солаи дењаи мазкурро сахт маљрўњ кард, ки ахирї дертар дар бемористон фавтид. Додгоњи ноњияи Вањдат Тиллозодаро бо пардохти 40 њазор сомонї аз зиндон рањо кард. Њамчунин тибќи хабарњои тасдиќнашуда, чанд рўзи ќабл як писари Муродалї Алимардонов, муовини сарвазири Тољикистон њам садама кардааст. Бино ба иттилоњо ин

садама чандон сахт набуда ва дар натиљаи он писари Алимардонов љароњати сабуке бардоштааст. Бино ба иттилои радиои «Озодї» рўзи шанбеи њафтаи гузашта Расули Амонулло ба Душанбе баргашта ва ба тафтишот њозир шудааст. Аммо ўро боздошт накардаанд. Тавре зикр намудем вазири корњои дохилї Рамазон Рањимов гуфта буд, ки њанўз гунањкори аслли садама аниќ нашудааст. Ин њам дар њолест, ки хабарнигорони “Озодагон” рўзи 18 октябр бо маљрўњони садама дар бемористони Ќарияи боло суњбат намуданд ва эшон гуфтаанд, ки наздикони Њукумовњо ба онњо кўмакї пулї кардаанд. Сару садое, ки садамаи мазкур дар шабакањои иљтимої ва сомонањои интернетї ба бор овард, метавон гуфт, ки собиќа надошт. Аксари корбарон њадс мезананд, ки муљрими ин садама бо далели писари мансабдор буданаш ба осонї аз љавобгарї халос хоњад шуд.

“Озодагон”

PS: Аснои ба нашр омодани шудани ин матлаб аз ВКД иттилоъ расид, ки иштирокчии садамаи мазкур Расули Амонулло, соли таваллудаш 1997, сокини кўчаи Карамов айни замон дар Душанбест ва мавриди пурсиши маќомоти тафтишотї ќарор дорад. Ў дар натиљаи ин садама љароњати љисмонї бардоштааст ва дар беморхона бистарї мебошад. Инчунин, мавриди пурсиш ќарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чорањои мушаххас андешида шуда истодааст.


8

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

рў ба рў

Сиёвуш: Ман аз он

гурўњи насли худ њастам, ки ќурбон шуданд Гуфтугўи Зафари Сўфї бо Сиёвуш Љунайдї -Чи кор мекунї? -Зиндагї мекунам. -Зиндаги кардан аз назари Сиёвуш чист? -Иљоза бидењ ду байт аз як ѓазали куњнаамро бихонам: Туро бидидану мурдан, ва ё надидану мурдан Аз ин ду љабр надонам чи ихтиёр кунам. Чу Зиндагї њама аз хоки роњ бе Ту гузашт Ба Марг дўст шавам, хокро канор кунам. Албатта медонї, ки тавони онро надорам, ки посухи ин пурсишатро бигўям. Агар њам бигўям, њатман туро ва худамро ќонеъ нахоњам кард. Чи љойи њаќир, ки дар њама давру замон бузургтарин фарзандони Одам ин саволро бар худ дода ва дар љавоби он дармондаанд. Ман ошиќи ин шеъри ноби Фурўѓ њастам, ки нигоње мудерн дар шеъри форсї ба Зиндагї ва талоше барои посухи ин пурсиши абадї мебошад: Зиндагї шояд Як хиёбони дарозест, ки њар рўз зане бо занбиле аз он мегузарад. Зиндагї шояд убури гиљи рањгузаре бошад, Ки кулоњ аз сар бармедорад ва ба рањгузари дигар мегўяд: «Субњ ба хайр». Зиндагї шояд Ресмонест, марде бо он худро аз шоха меовезад. Зиндагї шояд Тифлест, ки аз мадраса бармегардад… Мутаассифона ин пасоманзарњо, ки Фурўѓ дар замони худ ва дар кишвари худ медид ва барои мо, хонандагони ошиќи ў дар Тољикистони Шўравї ѓариб менамуд, њоло як воќеияти оддї дар рўзгори мо шуда аст. Њоло аз чашмонат мехонам, ки аз љавобам ќонеъ нестї. Хуб, мушаххастар бигўям, имрўз ман зиндагиро як имтињон мешиносам. Мо мусулмонон аз кудакї пайваста мешу-

Аз Худо мехоњам, ки ѓаразњои худро канор бигзоранд ва бархўрди бе тарафонаро пеш гиранд, зеро арвоњи он шањидон бар мову шумо билахира ќазоват хоњанд кард.

навем, ки зиндагї имтињоне пеши Худованд аст. Ман њам бисёр аз ин насињатњо шунидаам. Аммо мутаассифона дарки он дер бароям даст дод. Имрўз, ки синнам ба љойе расида аст, ин њаќиќатро бо њар зарраи баданам ва дар њар лањзаи буданам эњсос мекунам. -Њоло, ки ин имтињонро бо њар зарраи бадан ва дар њар лањзаи будан эњсос мекунї, метавонї гуфтан, ки то чи њад омодаи љавоб додан ба суолњои имтињон њастї ва тавони бо сарбаландї берун омадан аз онро дорї? Оё чи роњкорњое барои ин дар назар гирифтаед? -Њазрати Бедил мефармояд: Зиндагонї нашъаи вањмаш расост, То намемирї, намойи ба худ! Дар ин байт вожаи «нашъа» ба њар ду маъност, њам ба маънои њамон лаззат ва њол ва њам ба маънои њамон нашъа ё «наша», ки мутаассифона аз забони мо форсигўён ќариб ба тамоми забонњои маъмули љањон интиќол ёфта аст. -Яъне њамон маводи мухаддир? -Оре, њамон маводи мухаддир. Аммо ин нашъаи вањми зиндагонї (яъне тасаввури мо аз зиндагї) он ќадар расо ва ќавї аст, ки инсон то њангоми мурдан наметавонад аз ќайди он берун ояд. Бедил, то љойе медонем, он ќадар дар пайи дарёфти њаќиќати зиндагї тањќиќу љустуљў карда, ки кучактарин фурсатњои лаззат аз зиндагиро барои худ њаром карда ва сахттарин ва сангинтарин машаќќатњои сайру сулуки ирфониро дар љону руњу бадани худ таљруба карда аст ва наметавонист, танњо хушињо ва дилбастагињои зиндагиро монеъ аз дарки Њаќ бидонад. Намедонам дар чи њад ќобили ташбењ бошад, аммо устод Лоиќ њам байте мушобењ дорад: Одамї андар заволи умр мефањмида аст – Зиндагї бар осмон як чашми њайрат буда аст. Ин шоњбайтњоро бар саволи ту татбиќ бидињем, ман чун њар инсони дигар он ќадар гирифтори рўзгор, дар банди вањми зиндагї њастам, ки аз њич гуна сарбаландї дар имтињон наметавон њатто њадс зад. Баръакс бисёр шармандаву мунфаъилу хиљил њастам пеши Устоди Азал. Роњкор мегўйї… Оњ, агар роњкоре мебуд дар ин кор! Ин мушкил њич роњкоре надорад ба ѓайр аз рањмати бепоён ва бенињояти Худованд. Чи сон ба ѓусса набошем шоду шукр нагўйем, На имтињони туро айни рањматат нашиносем?

Ба рўйи Туст њама рўйи мо в-агар Ту бигардї, Аз он ќабила найем, ин ки ќиблатат нашиносем. Шунидаем, ба дилњои мо нахоњї бахшуд, Ту ин бигўй њар он гањ, ки одатат нашиносем! Агар гуноњ ба ќадри каромати Ту накардем, Чи рўсиёњ ѓуломем њимматат нашиносем! -Насли мову Шумо, яъне онњое, ки бистсолагияшон ба охирин бистсолаи асри бист рост омада бо чунон буњрони шадиде рў ба рў шуданд, ки хеле аз онњо то њол ба худ наёмадаанд ва хелеи дигар ќурбонї шуданд. Ба назар мерасад нашъи зиндагии аксарашон олуда ба яъсу навмедї шуд ва шонањои наљибтарин орзўву арзишњояшон шикаст. Мехостам содиќона бигўї, ки Сиёвуши шањрванд дар кадом гурўње аз инњосту Сиёвуши шоир бештар бо кадом аз ин гурўњи насли худ? -Љавобатро содиќона мегўям, зеро суолат самимона аст. Иддаъо намекунам, аммо мавзеъи шањрвандии ман бо он чи менависам фарќе надорад. Ва низ дурўѓ намешавад, агар бигўям, ки ман аз он гурўњи насли худ њастам, ки ќурбон шуданд. Ман дар он љанг азизон, пайвандон, хешу табори зиёдамро аз даст додаам. Он ќадр зиёд, ки агар ќарор бошад барои њар яке аз онњо мотам бигирам ва азояшонро нола кунам ва хайру худоишонро бидињам, ду-се умри дигар лозим дорам. Ман дар воќеъ њамон ваќт, ба таъбири Чехов, бо њар яке аз он шањидон мурдаам. Аз ќавли устод Симини Бењбањонї: «Ман ў наям, ў мурдаву ман сояи ўям». Ин њам ки зиндаам, боз њам барои хотири азизоне њаст, ки ба будани ман ниёз доранд. -Оё он чи кору талоше бозмондањои насли мо барои бузургдошти азизони аз дастрафта ё њамон ќурбоншуда анљом додаанд, арзандаи хотироти он азизон њаст? Аслан, оё дар ин росто коре анљом гирифта? -На! Њаргиз! Њамин чанд рўз пеш бо хоњиши Барзуи азиз ба зиёрати ќабри Чингиз Айтматов рафтем. Ќабри ин бузургмард дар маконест, ки маќомот ва рушанфикрони ќирѓиз њанўз дар айёми зинда будани Айтматов њамчун ќабристони бузургон, ё њамон пантеоне, ки урупойињо аз ќадим доштаанд, сохтанд. Ба ёдгори ќурбониёни табъидоти солњои сиюми асри бист сохтаанд. Ин мањаллест, ки он солњо «чекистњо» беш

аз 137 нафарро пинњонї тирборон ва дар як љо зери хок карданд. Њоло наъши гули сари сабади рушанфикрони ќирѓизро дар њамин љо ба хок месупоранд. Барзу дар он љо бисёр бо дарду алам гуфт, ки аз кишварњои шўравии собиќ танњо дар Тољикистон аст, ки чунин як ёдгорие барои ќурбониёни он солњо надорад. Чи љои он солњо, ки њатто барои шањидони љанги дирўзиро надорем. Њаќ бо Барзу аст. Мо њич кори сазоворе дар ин росто анљом надодаем ва баъид аст, ки њам анљом дињем. Албатта наметавон корњои шоистаи баъзе рўзноманигорон ва адибонро дар мактуб кардани он њодисањо (ин оѓоз ва њадди аќќали корест, ки бояд дар росто анљом шавад) нодида гирифт. Ба хусус рўзноманигорон, ки ба далели вижагии корашон камтар ба эњсосот дода мешаванд ва пойбанди воќеъият мемонанд. Ин, ки дер оѓоз карданд делелњо дорад, ки бар касе пўшида нест. Нахустин касе, ки ин корро дар доѓии он анљом дод, ва бо имконот ва манобеъе, ки дар ихтиёр дошт, хеле њам њирфаї анљом дод, њамшањрамон Олег Панфилов буд. Китоби ў «Таджикистан: журналисты на гражданской войне» ба назарам нахустин чизи љомеъ дар ин мавзўъ буд. Худобиёмурз Сайдари Рањим маводи зиёде љамъоварї карда буд, ки мутаассифона аљал имкон надод онњоро мураттаб ва мунташир намояд. Њоло Худоро шукр корњои љолиби зиёде анљом мешавад, ки боз њам бародарон ва хоњарони рўзноманигор пешгом њастанд. Ман берун аз Ватан то он љо, ки ба матбуъоти интернетї дастрасї дорам, ин ќадар медонам. Шояд дар дохил корњое мешавад, ки ман хабар надорам. Мешунавам, ки нињодњои махсусе њам ташкил шуда, ки бозтоби он љангро њадафи худ ќарор додаанд. Аммо инки то куљо муваффаќ хоњанд шуд, аз андозаи садоќат ва хулуси онњо вобаста аст. Аз Худо мехоњам, ки ѓаразњои худро канор бигзоранд ва бархўрди бе тарафонаро пеш гиранд, зеро арвоњи он шањидон бар мову шумо билахира ќазоват хоњанд кард. -Њоло аз зовия дигар ба њамин пурсиш бингарем, оё Сиёвуши шоир љойгоњи шоирону нависандагони тољикро дар тасвиру гиромидошти он њаводис чи гуна мебинад? Фикр намекунї, ки Чингиз Айтматовро барои он бузург медоранд, ки њамроњи мардумаш буд, на маддоњи њукуматдорон. Ба истилоњи дигар худро мадюни халќаш медонист ва аз ин рў њеч биме аз он мансабдороне надошт, ки худро на ходими мардум, балки махдуми мардум медонанд. Умуман, мехоњам


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

9

рў ба рў

Зоировро харидаву фурўхта намешавад Кабирї:

назаратро дар мавриди суханвар ва љойгоњи сухан ё њамон шеъру наср бидонам. -Суолот каме сангин аст. Анбошта аст. Кўшиш мекунам чавобатро бигўям. Шурўъ бикунем аз бузургдошти Чингиз Айтматов. Воќеият ин аст, ки дар рўзгори Айтматов низ њама чиз чунин њамвору хуб набуда аст. Буда марњилањое, ки ў низ дар Ватани худ тањти фишор ва бўњтонњои сангин ќарор дошт. Зимнан, падари ў Тореќул Айтматов низ дар солњои табъидоти сталинї ќатл шуда аст, ки бар аксарият маълум аст ва ў чун писари «хоини Ватан» аз «шањд» – њои он рўзгор чашида аст. Аммо воќеан њарфат дуруст аст ва зиндагї ва сарнавишти эљодии шахсиятњои аз бисёр љињат ба њам наздик мисли Чингиз Айтматов, Олљас Сулаймонов, Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Гулрухсор Сафиро метавон бо њам ќиёс карда хулоса ва натиљањое гирифт. Зиндагии инњо бо њам бисёр фарк мекунанд. Албатта саргузашти њич як аз инсонњо такрори якдигар нест. Манзури ман чизи дигарест. Инњо, ки номбар кардем дар шароити яксони замони шўравї ба сар бурдаанд ва зиндагии ононро бо якдигар муќойиса кардан љойиз аст. Суоле, ки њамеша маро машѓул медорад ин аст, ки чаро аз назари шўњрат ва мањбубияти иљтимоъї, таблиѓи осор дар арсаи байналмилалї, билахира зиндагии иљтимоъї, масалан Айтматов бар Ќаноат ва Олљас Сулаймонов ба Лоиќ Шералї муваффаќтар будаанд? Оё ишќу муњаббати мо ба устодонамон камтар аз ишќу муњаббати ќирѓизњо ба Айтматов ва ќазоќњо ба Сулаймонов буда аст? Ин суолњо љавоб мехоњанд ва он љавоб бояд бар асоси тањќиќоти њирфаии даврањои зиндагї ва эљодиёти ин адибон сурат гирад. Аммо як нуктаи бисёр муњим бояд ногуфта намонад. Чи дар замони шўравї ва чи тайи бист соли истиќлоли кишварњо, бисёре аз њамтоёни адибони мо дар кишварњои њамсоя аз бартарињои

нисбатан зиёди иљтимоъї бархўрдор буданд. Танњо бо мисоли Айтматов ва Сулаймонов иктифо мекунам: Айтматов то поёнии умраш ва Сулаймонов то ба имрўз дар маќомњои бисёр муњими давлатї то њади сафорат дар кишварњои калидии љањон фаъолият кардаанд. Онњо њамеша аз таваљљўњи давлатњо ва шахсан руасои љумњури кишварњояшон бањравар будаанд. Албатта ин таваљљўњ ва сарпарастии дуљониба будааст, ин устодон низ зимни фаъолият дар маќомњои давлатї барои мардум ва кишварњои худ бисёр корњои шоистаеро анљом додаанд. Дар ин ќиёс мо њатто фикр намекунем, ки дар симои устодон Ќаноат, Лоиќ Шералї, Гулрухсор аз чи нирўњои бонуфуз ва тавоное даст кашидем! Барои ќиёси шояд ноќис узр мехоњам, аммо чаро Пўлод Булбулоѓлї метвонад дар маќоми сафири Озарбойљон дар Русия ва дабири кули созмони байналмиллии Турксой фаъолият намояд, аммо Љўрабек Муродов, бо тавачљљўњ ба он дипломатияи модарзодї ва мањбубияте, ки дар байни мардуми Узбакистон дорад, сафири Тољикистон дар он кишвар наметавонад бошад? Ман муътаќидам ва њич шаке надорам, ки устод Гулрухсор дар маќоми як сафир дар калидитарин кишварњои сайёра аз Русия то Амрико, хеле бештар барои Тољикистон нафъ меовард ва њузури дипломатии Љўрабек Муродов дар Тошканд бисёре аз мушкилоти байни ин ду кишварро, ки њоло вуљуд дорад, бартараф мекард. Шояд пургўї кардам, аммо таќсири худат буд, Зафар, саволат дар воќеъ аз чанд савол иборат аст. Њоло бахши дигари саволатро ба ёдам биёр. -Љойгоњи шоирону нависандагони тољикро дар тасвиру гиромидошти он њаводис чи гуна мебинї? -Ман ростї дар ин бора мутолиъа ва мулоњизаи махсус накардаам, њарчанд бисёр фикр кардам дар ин бора. Вале то он љо, ки медонам, кори муњиме дар

““

Ин як њукме дигар барои онњое аст, ки давру бараш буданд ва њади аксари истифодаро аз ў мекарданд. Чи аз дўстонаш чи аз бадхоњонаш. Шумо натавонистед, љанобон, натавонистед! ў набояд ба ин осонї аз мо мерафт.

ин росто њанўз накардаанд адибон. Аз машњуртарин маворидаш, ки пайваста сари забонњо будааст ёд биёрем. Њоло мо дар даст осори Бозор Собирро дорем, ки таври маълум замоне дар як тарафи сангар ва замони дигар дар дигар тарафи сангари ин ихтилоф ва рўёрўї ќарор дошта аст. -Агар мешавад дар ин бора як каме муфассалтар мегуфтї, зеро имрўз дар бораи Бозор Собир ва он навиштањову таѓйири мавзеъ карданњояш њарфу њиљои зиёде дар љомеаи тољикон ба вуљуд омада. -Осори устодро албатта наметавон ба унвони бархурд ва бардошти воќеии як эљодкор бар он ва аз он њаводис донист. Ин як вокуниши бисёр мањрамона ва хусусии як шоири њассос ба воќеъоте бисёр фаљеъ мебошад. Ин дар воќеъ як падидаест, ки тањлили љиддии њирфаї мехоњад. Феълан, сарфи назар аз теъдоди зиёди «дўстон” ва «душманони» устод, ман касеро суроѓ надорам, ки по бар рўйи њарчи аз эњсос бигзорад ва ин падидаи хориќул-одда аљибро тањќиќ ва тањлил намояд ва ба љое бирасад. Шояд дар оянда касе ин корро анљом дињад. Нуктаи љолиби дигар дар ин ќазияи ин аст, ки он њанўз идома дорад ва мо шоњид њастем. Албат-

та ман њоло тарафи ахлоќии ин ќазияро ба миён намекашам, ки оё устод дар чи њад њаќ дорад дар ин мавзўъ муомила (манзурам сирфан муомилаи эљодї ва шоиронаи як шоир бо хонандагонаш аст) кунад ва ин њаду сарњадшиносї (таъбири устод Бозор) дар куљо ба поён мерасад ва њарими хусусии хонада дар куљо оѓоз мегардад. Дар куљо бояд барои хонанда он эњтиром ва метавон гуфт њурматро ќоил шуд ва эњсосоти хусусии худро бар ў тахмил накард. Баъдаш ашъори ноби устод Лоиќро дорем. Устод Лоиќ дар ин росто талоши зиёдеро ба харљ дода аст, ки китоби «Фарёди бефарёдрас» ба назарам хулосаи он аст. Ин љо бо мушкили дигар рў ба рў мешавем, ки метавон гуфт як мушкили сегонаи адабї-сиёсї- ичтимоъї аст ва љавоб мехоњад. Мушкиле, ки устод Лоиќ барои сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон матрањ кард ин аст, ки оё имрўз метавон њаде, хатти људойие дар байни Хайр ва Шарр бигзошт? Оё метавон гуфт, ки ин падидаест билкул шарр ва аз ў бояд парњез кард ва ин падидаест, билкулл хайр ва метавон бар ў эътимод кард? Ва ин парњез ва ин эътимод моро ба куљо мебарад? Лоиќ талош кард, ки посухи ин пурсишро бо вуљуди шахсии худ дарёфт кунад, дар худ эњсос ва таљруба кунад ва натиљаашро барои мо, хонандагонаш ироа кунад. Устод Лоиќ, бар хилофи устод Бозор, аз оѓози ин даргирї то ба охир талош кард, ки дар як мавзеъ ва як мавќеъият воистад ва аз њамон мавзеъ ва њамон мавкеъият њарфашро бигуяд. Ман ин мавзеъро барои худам номидам «хулус» аз калима ва иборањои дигар сарфи назар кардам. Лоиќ талош кард, ки аз мавзеъи хулус њар ду тарафро ќазоват кунад. Ман намедонам, ки муваффаќ шуд ё хайр. Ин њам суоле бисёр љиддї ва муњим аст, ки ниёз ба тањќиќ ва тањлили љиддї ва њирфаї дорад. Мушкили саввум, ки устод Лоиќ дар матни он њаводис матрањ кард, љанбаи иљтимоъї дорад. Ин дигар ѓамноктарин ва пурдардтарин суолест, ки устод ба мо дод. Устод Лоиќ ин пурсишро матрањ кард, аммо дар шунидани посухи он ба касе, њад надод. Лоињ дунёро тарк кард. Дар он сине, ки боист мезисту мезист. Дар он сине, ки тоза бояд дарёфтњо ва кашфиётњои адабиашро барои мо ироа мекард. Дар он сине, ки марњалаи муњими эљодии як инсони эљодкор, чи аз назари маънавї ва чи аз лињози биологи ва љисмонї мебошад. Ин як њукме дигар барои онњое аст, ки давру бараш буданд ва њади аксари истифодаро аз ў мекарданд. Чи аз дўстонаш чи аз бадхоњонаш. Шумо натавонистед, љанобон, натавонистед! ў набояд ба ин осонї аз мо мерафт. Нигоњаш надоштед, зеро ниёзе ба ў надоштед... Баъдаш њам устодон Ќаноат ва Гулрухсорро дорем. Достонњои он яке ва шеърњои ин якеро дар даст дорем, ки њар якеро метавон ба унвони њуљљат, санад ва њатто катби протоколии он њаводис шинохт. Шукран, ки инњо њанўз барои хонандае мухлис чун ман маљоли ќазоват намедињанд ва худ њарфњои дили худро мегўянд. Албатта, бояд бигўям, ки ин њама назароти шахсии ман аст, ва бархоста аз он маводе аст, ки то имрўз дар дастрас доштаам. Њатман чизњои зиёде дар ин росто вуљуд дорад, ки ман бехабар њастам. Масалан ман ахиран як маќолаи бисёр љолибе аз шоир ва муњаќќиќи љавон Бењрўзи Забењулло хондам. ў ашъори шоири тавоно ва равоншод Ашўр Сафрро дар мавзўъи љанги Тољикистон тањлил карда аст. Матлаби љолибест. Аммо ман мутаассифона ба ашъори шоирони дигар дастрасї надорам ва њаќ надорам ќазоват кунам. (идома дорад)


10

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

љомеа Ташкилоти назарсанљии «Gallup» натоиљи назарсанљии худро оид ба фасод дар байни 129 кишвари љањон нашр кардааст, ки тибќи ин назарпурсї, ки соли 2012-ро фаро мегирад, 108 кишвар аз 129 давлати љањон дорои ришвахориву фасод дар долонњои њукуматї мебошанд. Љолиб инки ин ташкилот ришвахориро байни мансабдорони Тољикистон 47 фоиз эълом кардааст.

Духтарљон, як бало кунед... Кафи дастам калонтар шавад!

Тољикистон њамќадами кишварњои фосид

Кишварњои дунё тибќи ин гузориш ба се табаќа људо гардидаанд. Табаќаи ибтидої давлатњое њастанд, ки озодии сухан дар онљо матлуб мебошад ва мардумашон ќодиранд бе њечгуна тарс аќоиди хешро рољеъ ба фасод баён намоянд. ВАО њам дар ин кишварњо барои пардохтан ба ришвахории долонњои њукуматї озод мебошанд. Ин табаќа аксаран давлатњои аврупоро фаро мегирад. Табаќаи дуввумиро давлатњое ташкил медињанд, ки сатњи озодии сухан дар онњо миёна аст ва категорияи севвум дарnбаргирандаи мамоликест, ки озодии сухани мањдуде доранд ва шањрвандонашон аз озодона сухан гуфтан аѓлаб парњез менамоянд. «Gallup» кишварњои шўравии собиќро ба табаќаи севвумї шомил донистааст. Чунончи дар Русия беш аз 80 фоизи ширкатдоштагони назарсанљї мўътаќиданд, ки дар долонњои њукуматии давлаташон ришвадињї мављуд аст. 85 фоиз дар Ќирѓизистон, 77 фоиз дар Украина, 74 фоиз дар Арманистон ва 62 фоизи иштирочиёни назарсанљї дар Озарбойљону Ќазоќистон њукумати хешро ришвахор номидаанд. Аммо Тољикистон аз ин раќам 47 фоизро ба худ ихтисос додааст. Беларусия њам, ки ба табаќаи севвум шомил аст, 36 дарсади назардињандагон њукуматашонро ришвахор донистаанд.

““

Барои наљоти миллат ва давлати Тољикистон аз ин вабо дар мамлакат бояд интихоботи демократии президентї баргузор шавад, ки њукумати Тољикистон ба чунин интихобот њавасманд нест. Њукумат хуб медонад, ки дар сурати баргузории интихоботи озоду шаффоф бой хоњад дод.

Дарди бедаво? Сиёвуш Ќосимзода

Мансабдоронро бояд баљои мардуми оддї ќарор дод

Абдулфаттоњ Шафиев тањлилгари тољик мегўяд, фасод он замон дар Тољикистон решакан мешавад, ки муборизони расмии он дар автобусу маршрутка ба кор бираванду аз кор баргарданд, дар хонањои ду ва се њуљраии канори шањр маскан дошта бошанд, барќашон хомўш шавад, дар маљлиси волидони мактабњо аз љояшон бархезонанд ва бигўянд, ки фарзандашон пули моњро наовардааст, дар бемористон духтур барояшон як вараќаи дарози пур аз дору бинависад ва бигўяд, ки то бегоњ биёр. «Коррупсия онваќт мањв мегардад, ки њар шањрванд њар љо, ки аз ў пул талаб карданд, расид (чек) бихоњад, ба Лексуси чиновник на бо њавас, балки бо нафрат нигоњ кунад, рўзномањоро танњо ба хотири маќолањои фошсозандаи зиндагии фасодкорони сатњи болої бихарад. Мутаассифона, дар мавриди онки дар солњои наздик дар фењратси Gallup маќоме бењтар мегирем, заминае барои хушбинї надорам». Алї Мастов тањлилгари масоили сиёсї мегўяд, ки дараљаи фасод аз вазъи сиёсиву иќтисодии мамлакат вобаста аст. Дар тамоми кишварњои тоталитарї сатњи фасод аз боло сар ме-

шавад ва кишварњои Осиёи марказї аз ин амр мустасно нестанд. Он нињодњое, ки масъули мубориза бо ин падида њастанд дар асл худ бахше аз системаи коррупсионї мебошанд, барои њамин њечгуна натиљае дар фаъолияташон нест. Номбурда мегўяд, ки далоили фасоди боло дар кишвар ин моњонаи кам, монополияи давлатї, сатњи сусти рушди иќтисодї, вобастагии шањрвандон аз мансабдорон ва сабаби асосии фасод набудани контрол аз рўи фаъолиятњои маќомоти олирутба мебошад. Њамин набудани тарси муљозотшавї роњро барои фасод боз кардааст. Барои инки фасод аз байн бурда шавад бояд ин корњо сурат гирад: 1- иљтинобнопазирии муљозот 2- коњиш додани мансабдорон 3- афзоиш додани моњонаи мансабдорон 4- иљрои системаи «Равзанаи ягона» 5- коњиши сањми давлат дар иќтисод 6- шаффофияти њамаи соњањо 7- назорати иљтимої 8- мушорикати љамъият дар контроли маќомоти давлатї 9- эљоди расонањои озод 10- мустаќилияти судї 11- интихоботи озод Танњо кори љамъї метавонад Тољикистонро, аз фасод, ки монеъае бар

сари тавсеъаи кишвар аст, наљот дињад. Дар њолати ѓайр фасод баранда шуда, давлати Тољикистон њамчун як мављуди ягона дигар боќї нахоњад монд.

Таѓйири њукумат танњо роњи рањої аз фасод?

Аммо ба гуфтаи Мирњусейн Назриев раиси яке аз љиноњњои сабтиномнашудаи ЊСТ сабабгори асосии рушди фасод дар Тољикистон режими имрўзаи сиёсии Тољикистон аст. Барои наљоти миллат ва давлати Тољикистон аз ин вабо дар мамлакат бояд интихоботи демократии президентї баргузор шавад, ки њукумати Тољикистон ба чунин интихобот њавасманд нест. Њукумат хуб медонад, ки дар сурати баргузории интихоботи озоду шаффоф бой хоњад дод. Аз ин рў тамоми њизбњои сиёсї, сиёсатмадорон, коршиносон, тамоми он њамватанон, ки хоњони решакан кардани фасод мебошанд, бояд миёни кулли мардуми манфиатгумкардаи Тољикистон ботамкинона барои баргузории интихоботи президентї кўшиш ба харљ дињанд, то нафаре сари ќудрати сиёсии Тољикистон биёяд, ки барои ташкили њукумати мардумсолор асос гузорад. Танњо њукумати мардумсолор метавонад аз ин вабо миллат ва давлати Тољикистонро наљот дињад.


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

11

асрор

Ќурбонии дўстон Имрўз аз боздошти соњибкори дар гузашта муваффаќ ва аз роњбарони Гурўњи ташаббускори њизби «Тољикистони нав» Зайд Саидов расо 5 моњ сипарї мегардад

Б

аъди эълони ташаббуси таъсиси њизб ѓайричашмдошт зиндонияш карданд. Пас аз фањмиши нодурусти амалкарди ў аз љониби маќомот, ў воќеан гумон дошт, ки ба љонаш суйиќасд сурат мегирад, аммо зиндонї шудан барояш њеч ќобили тасаввур њам набуд. Зеро ў, ки табиатан рост меандешид ва рост амал менамуд, тасаввур њам карда наметавонист, ки чї гуна беасос ўро зиндонї кардан имкон дорад!? Аз ин рў, нисбати таќдири худ сўйиќасдро наздиктар мешумурд, вале масъулин аз рўйи «аќлу инсоф» кор гирифтанд ва ў зинда монд - њамагї равонаи зиндон шуд. Кулли мушкили Зайд дар он аст, ки ў дунёро сирф аз зовияи биниши содда ва аммо ќонунманди худ менигарад. Њадди аќал то замони зиндонї шуданаш чунин боварњо дошт. Акнун имрўз ў љафои садоќат ва эътимод ба боварњояшро мекашад. Бояд гуфт, ки агар ўро ќаблан барои зиндонї гардиданаш мутаќоид сохтан имконпазир буд, вале эњтимоли хиёнати дўстонашро ў њеч гоњ тасаввур њам намекард. Зайд зинњор вориди зиндон намешуд, агар аз миёни афроде, ки ўро солиёни зиёд њамроњї мекарданд, њадди аќал 100 дўсти љонфидо пайдо мебуд; 100 нафар љавонмард, 100 нафар равашанзамирони устувор ва собитќадам. Аз миёни онњое, ки имрўз нестанд ва гўё умуман набуданд, ё шояд мурдаанд…!? Аммо ин афроди бешафоат, чун имрўз, дар гузашта низ њеч гоњ ба дарди касе марњам набуданд, балки баръакс, њамеша чун нонхўракон аз дигарон истифода мекарданд. Њамагон бояд бидонанд, ки имрўз дар зиндон будани Зайд мањз натиљаи хиёнати ба ном дўстонаш аст, ки њамеша ба эшон эњтиром ва эътимод дошт. Бароям хеле нанговар аст, ки чї гуна метавон бо касе дар рўзи шодї дўст буд, аммо дар мусибат канорагирї кард. Ман ин манзараро њеч намефањмам; барои ин воќеиятро дарк кардан ва ба он муросо намудан, шояд њатман хоин бояд буд!? Зайд барои ормонаш мавриди тазъиќу фишор ќарор дорад. Ормони ў ба њеч ваљњ ѓаризаи нафсї набуд, зеро Худованд барояш тамоми неъматњоро ато

карда аст, то ў нўши љон кунад ва парвои њеч ѓарибу мискине надошта бошад, аммо ў бо дарки масъулияти сангин вориди роњи пурхатар шуд. Мусибати Зайд дар он аст, ки худ њамеша бо фаќирону мискинон њамнишин буд ва дар нињоят дарду алами ин тоифаи нодор ўро водор ба дарки масъулият кард. Агар ў миёни мардум намебуд, табиист, ки мисли дигарњо аз мушкилоти љомеа бархурдор намегашт ва дар натиља гирифтори дарди буњронситезї њам намешуд. Ў на танњо миёни мардум буд, балки чашми бино, гўши шунаво, забони гўё ва дили пўё дошт. Зайд имрўз сазои њаминро мебинад. Аммо барои касоне, ки ба дарки умќи масъала расидаанд, пайдост, ки ин мушкил чандон мусибати Зайд њам нест, балки пеш аз њама мусибати мост, ки хиёнат кардаем, аз бародару дўсти содиќ ва нексиришти худ њимоят нанамудаем. Ин мусибати мост, ки парда аз рўйи садоќату њуввиятамон бардошта шуда. Хасу хошок будани мо барои халќи олам хувайдо гардида. Магар мо шарманда нестем?! Ба Худо ќасам, агар ба љойи Зайд њар балое ба сари 10-њо балки 100-њо фарзандони дигари ин миллат, ки ном ба ном маълуманд, меомад, ў хомўш наменишаст, балки љавонмардона барои њимояи мову шумо садо баланд мекард, зеро ў воќеан Дўст ва Љавонмард аст, балки як Инсони Баномус ва Боимон аст. Ман хеле рўшан тасаввур мекунам, ки аз њама туњматњо дида, шояд хиёнати дўстон барои Зайд дардноктар уфтод. Зеро ў бо тамоми вуљудаш инсон, махсусан ашхоси нексириштро дўст медошт, вале бо он, ки худ дили поку беолоиш дорад, дар шинохти дигарон сахтгирї намекард. Ин аст, ки тоифае аз буздилони беномус ва номуносиб тасодуфан бо ў ифтихори њамнишиниро соњиб гардида буданд. Эй афроди беандеша, зиндонї шудани Зайд њанўз поёни њаёт нест, балки оѓози як марњалаи нав дар зиндагонии худи ў ва дар кулл ањли љомеаи кишвар аст. Зеро ифшои бисёре аз воќеиятњои нангини мо мањз ба њамин њодиса рост меояд. Аз ин рў, муболиѓа намешавад агар бигўем, ки бо зиндонї шудани Зайд сањифаи наве дар таърихи

навини кишвар боз гардидааст ва ин сањифа ѓайр аз надомату накўњиши амалкарди масъулин дар нисбати Зайд, бо кашфиётњои њузнбарангез ва такондињандааш барои ояндагон роњи наверо њам боз кардааст. Гуфтем, ки боздошти Зайд аслан мусибати шахсии ў нест. Зеро ў то њадде инсони пурбардор ва устувор аст, ки бо хости Худо њама ин имтињоноти таќдирро сарбаландона пушти сар хоњад кард. Ман чунин андеша дорам, ки бояд ин њодиса иттифоќ меафтод! Шояд худи Зайд њам ба дарки ин масъала расида бошад, ки мањз ба туфайли њамин имтињони таќдир ў аз «дўстон»-и номуносиб халосї ёфтааст. Барои бардоштани парда аз рўйи ин њаќиќат, шояд Худованд лозим донист, ки бандаи накўноми ў ба чунин њол гирифтор шавад, то аз ин тоифаи номўњтарам эмин бимонад. Умед аст, ки бо хости Худо ва расидани ваќт Зайд ба озодї мебарояд ва агар як рўз њам људо аз афроди манфиатљўй ва дурўя нафаси озодї кашад, бењтар аз он аст, ки як умр бе шинохт дар ињотаи чунин афрод ѓутавар бошад. Њоло агарчи ў дар мањбаси торик, тани танњо, дур аз њама пайвандонаш ќарор дорад, аммо боз њам ин манзара бењтар аз он њолатест, ки ў њамеша дар њалќаи афроди номуносиб ба сар мебурд. Аммо Зайд имрўз танњо нест! Агар ў ќаблан рўйи дидаи як зумра афроди ношоиста ва носанљида буд, имрўз мењру муњаббати Зайд дар дили садњо нафар ашхоси беѓараз ва гавњаршинос љой гирифтааст. Инсонњое, ки Зайдро зинњор аз наздик намешинохтанд, инак ўро мањз барои ормонњои миллияш самимона ва содиќона дўст доштаанд. Акнун Зайдро дар ивази нокасон ашхоси наљиб њамрањї - њамдилї доранд. Яъне ба љойи иттифоќи вуљудї иттињоди ќалбї њосил гардидааст. Итминон дорам, ки Зайд ин њама љанбањои таќдирро дарк кардааст, зеро ў инсонест бо дили бузург, бо фалсафаи ќавии инфиродии худ, бо иродаву имони шикастнопазир. Дар ин 5 моњи мањрумиятњо, ки Зайд пушти сар мекунад, банда вобаста ба шахсияти ў шоњиди манзарањои гуногуни њаётї будам, ки бароям хеле таъсирбах-

шанд. Њодисае буд вобаста ба як њамсабаќи Зайд, ки тасодуфан бо ў њамсўњбат шудем. Шамсиддин Абдуллоев - муаллими оддї аз ноњияи Восест, ки тобистони имсол дар шањри Душанбе бо ў вохўрдам. Бо худ чанд нусхае аз рўзномањои давриро дар ихтиёр дошт, ки иттифоќан аксњои Зайд низ намудор буданд. Њисси кунљковиям боло гирифта, аз ў суол кардам, ки нисбати ќазияи Зайд чї назар дорад, аммо ѓайриинтизор дар љавоб хеле ќиссаи тўлонї ва љолибе шунидам. Маълум мешавад, ки ў аз њамсабаќони Зайд буда, ба таври паралелї дар факултаи физикаву математика тањсил мекардаасту Зайд дар факултаи иќтисодии он замон Университети давлатї. Ба гуфти ин муаллим, Зайд аз аввалин рўзњои донишљўйи бо сару либос ва љаќќониву њушёрияш аз дигарон фарќ мекардааст. Њатто Зайди чупонбачча (падараш чорводор буд) то њадде олуфтаву зебо мегаштааст, ки то њол муаллими восеъгї гумон дорад падари Зайд кадом як раисе буд. Хуллас ваќте онњо дар курси 5-ум мехондаанд, њамсўњбати мо хонадор мешавад. Пеш аз тўй, ки ў мехост аз маркази савдои «Садбарг» сару либоси тўёнаи худ ва њамсарашро харидорї кунад, маблаѓаш намерасад ва дар ин њолат Зайди олуфтаву чаќќон пайдо мегардад ва нисфи маблаѓи харидкардаашро аз номи худ њамчун њадя пардохт менамояд (дар њоле, ки тавре худи муллим Абдуллоев иќрор шуд, онњо њамагї њамкурси паралелї буданду аз наздик дўстї надоштанд). Баъди бо шиддати хеле баланд ќиссакарданњо, њамкурси Зайд ба ин љо расид, ки ваќте соли 1999 фармони таъин шудани њамсабаќашро ба вазифаи баланд шунид, хеле хушњол гардид ва тайи чанд сол мунтазам аз

њоли ў хабардор мешуд, дар робита ба њалли баъзе проблемањояш машваратњо низ мегирифт. Аммо тавре муаллим Абдуллоев иќрор мешавад, тайи чанд соли ахир ў Зайдро аз наздик надида буд, зеро тибќи маслињати баъзе њамшањрињояш, ин муаллими содда бояд ор хўрад, ки чї гуна њамчун як кўлобї, ки ќудрат дар дасти онњост, пеши бегонае барои њалли мушкилаш меравад? Аз ин рў, љињати њифзи номуси мањаллї ў маљбур шуда, ки дигар назди њамксабаќаш наояд… Њодисаи дигар вобаста ба як шахсияти баруманди кишвар аст, ки дар саргањи равшанфикрони муосири кишвар ќарор дорад. Ин устоди соњибном, ки вобаста ба бисёре аз масоили муњими рўз мунтазам изњори назар мекунад, ваќте дар хусуси Зайд аз ў пурсида шуд, посухи хеле аљибе дод: «Имрўз дар дохили кишвар чї коре мекунед бо якдигар кардан гиред, хархаша мекунед ё њар балои дигар… Ман барои миллат, барои таърихи он, барои нишон додани он дар чашми оламиён талош дорам. Тамом вассалом». Хуллас дар ин муддат бардоштњову мулоњизањо вобаста ба таќдири Зайд хеле гуногун буданд. Аммо хулосаи кулл чунин аст: то оташе ба хонаи мо нарасад, аз хатари он ташвиш надорем. Њатто бузургтарин шахсиятњоямон низ њамин ќадар фаросат доранду халос. Мо ки таърихан бо доштани фикру мулоњиза ифтихор мекардем, акнун изњори назар карданро њамеша чун эътироз ва эътирозро аксаран чун хатар маънидод ва ќабул кардаем. Бо ин кўтоњандешиямон, Худое накарда, ки рўзе эътироз не, балки таркиш ба амал ояд!? Магар эътироз барои он нест, ки аз хатар ва таркиш љилавгирї карда шавад!?

Ифтихор КАРИМОВ, шањри Душанбе


12

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

рўзгор

Амрикову Русия аз Тољикистон ќафо мемонанд

(Памфлет)

Абарќудратњое чун Амрикову Русияву Чину Њинд дар раќобат бар пояи Тољикистон намерасанд гуем, хеле сода мешавад, чунки ин кишварњо дар раќобат бо кишвари мо ќиёс нашавандаанд. Тољикистон бо хиради азалї ва сиёсати дарњои боз ба дараљае пешрафтааст, ки Амрико бо мо барои раќобат шонсе надорад. Раќобати мо бо онњо масали “як задани оњангар ва сад задани сузангар”ро мемонад. Тољикистон дар тамоми дунё филиалњои раќобати худро дорад, ки раќобат бо онњо ѓайриимкон гаштааст. Ба ибораи дигар агар гуем, ки тољикон дунёро идора мекунанд, њеч муболиѓае нахоњад буд. Масалан дар раќобати бахши муњољират њеч кишваре бо мо тобовар нест. Њоло, дар Русия аз њама тољик зиёд аст. Сари њар ќадам як тољик вомехурад. Гуё ин сарзамини русњо неву, балки ватани бобоии тољикон бошад. Худи ин факт зиёд будани омори саршумори ањолї ва шахсони ќобили мењнатро исбот мекунад. Дар омор Тољикистон 2,5 миллион ќувваи корї дорад, вале танњо дар Русия 2 миллион тољикистонї кор мекунанд. Дар дохили Тољикистон боз 2 миллиони дигар машѓули кор њастанд. Ногуфта намонад, ки дар масъалаи омор њам њеч кишваре бо Тољикистон раќобат карда наметавонад. Оморњои мо ба таври рекордї рушд кардааст. Рушди иќтисоди мо аз рўи омор иктисоди Амрикову Чинро ба сифр баробар мекунад. Дар кадом пойтахти давлат дидаед, ки бо «тангем»-у старексњо сатњи хизматрасонии баланд ба мусофирон таъмин шуда бошад, магар дар Душанбе. Дигарон бо автобусу тролейбусу электричкаву трамвай мусофиркаширо таъмин карда наметавонанд, аммо тангем дар мо бо автобусу тролейбус раќобат карда метавонад. Ба ин кор на њама кодир аст, ба љуз мо. Агар мо набошем, би-

сёр кишварњои љањон муфлис мешаванд. Пеш аз њама Чин. Зеро агар мо тангеми чиниро нахарем дигар ба ки мефурўшад? Агар мо танњо тобистон пои луч гардем тамоми ширкатњои љуроббарории Чин аз кор мемонад. Агар мо дар зимситон ба љои барќ њезум истифода накунем гугирди чини аз истењсол боз мемонад. Ба њар њол мо мардуми дилсўз. Њамин кишвари њамсоя муфлис нашавад гуфта, зимистон барќи худро ба дигар њамсоя медињему аз Чин муњаррик ё ин ки движок мехарем то ин навъи истењсоли Чин аз раќобат намонад. Агар њамин Тољикистон набошад намедонам бечора њамсоякишварњо чи кор мекарда бошанд? Ана, ба як камбаѓали худамон, Узбакистони хамсоя рањмамон омада, дар тобистон аз бањри обу обанборамон мегузарем то пахтаашро кишт кунаду ба фурўш барорад ва то андозае аз буњрон барояд. Њоло дар фикри онем, ки аз њамин бунбасти коммуникатсиони пурра бароем ё не? Барои мо фарќ надорад, баромадан мегирем, лекин бечора Ўзбакистон аз рўзе ки хабари баромадани моро фањмидааст, роњњояш харобу валангор шудааст. Ба наздики роњи оњанаш хароб шуда, чанд ќатор ба садама афтод. Дар баробари мо тамоман раќобатнопазир шудааст. Ин њеч гап не, ба наздики Амрико моро муттањам кард, ки чаро нафти Эронро харидорї мекунем ва Эронро аз буњрон наљот медињем? Хайр Эрон кишвари њамзабон ва њамфарњанги мост, агар мо ўро аз буњрон набарорем кї мебарорад? Эњ, ин кишварњо тамоман аз раќобат мондаанд. Кадом яке аз онњоро мо ёрї кунем? Њатто дар карзгирї

бо мо ягон кишвар тоби раќобатро надорад. Ана, кишварњои Аврупо карзи зиёде гирифтанду акнун намедонанд чихел баргардонанд. Амрико бошад бо ин ќадар истењсоли мошину аслиња сару калобааш гум. Охир чаро аз таљрибаи љањонии мо дар мавриди баргардонидани карз истифода намекунанд? Мо он ќадар ќарз гирифтему мегирем, ки њатто омор аз уњдаи њисобаш намебарояд. Барои кулли бахшњо ќарз гирифтем. Агар тољикон корчаллон намешуданд, бо як шањрвандї ќаноат мекарданд. Лекин хиради азалии онњо намегузорад, ки дар як љо карахт монанд. Масалан, њозир аксари тољикон ду-се шањрвандї доранд ва дар ду се кишвари хориљї бе виза кор карда мегарданд. Ин ки тољикон дар Русия бе њуљљат ва ќайди расмї мегарданд, дуруѓи мањзаст. Ин гапњоро душманон мебароранд то номи тољиконро бад кунанд. Мисоли рушани ќонунигаштани тољикон дар Русияро дина дар барномаи телевизионии Пуст говорят дар чењраи Саид дидем. Ў шањрванди рус аст ё ин ки мехоњад шавад, аммо русњо бо бањонаи он ки як наслидигари оли сомон дар Русия зиёд нашавад, ўро депорт карданиянд. Лекин ин корашон бењуда аст. Онњо њатто дар хамин бахши наслзиёдкуни њам бо мо раќобат карда наметавонанд ва аз ноилољї роњњои муборизаи раќобати носолимро пеш гирифтаанд. Вале боз њам такрор шавад мегўям, ин чораандешињо фаъолияти моро мањдуд намекунад. Агар њамин муњољирони тољик набошанд кї метавонад дар 6 моњ дар Русия 4 миллион касру кушкхои боњашамат созад?

Агар муњољирон набошанд, кї чиптањои њавопаймои “Сибирэйр”, “Урал эйр” ва билетњои ќатори Русияро харидорї мекунад? Боз Ромадановский ба мо туњмат мезанад, ки шайтонаробањои тољикї ба талаботи санитарї љавобгў нестанд. Эњ, мебахши, агар њамин муњољирон омада дари мањаллањоятонро тоза намекарданд, дар дохили чирку чанг пўсида мерафти. Садњо кормандони ширкатњои њавопаймої ва роњи оњанатон бекор монда, дар ба дару бомж мешуданд. Мо халќи тамаддунофар бо таърихи ќадимием, ки бо мо раќобат кардан ѓайриимкон аст. Кї мисли мо бо бебарќї метавонад раќобат кунад ва аз тапак газ истењсол кунад? Кї мисли мо метавонад шањрванди тољик, аммо муќими Русия бошад? Кї мисли мансабдорони мо метавонад бо 1000 сомонї маош мошини 100 њазордолларї харад? Кї мисли фарзандони чиновникњои мо метавонад мошинро муќобили њаракати роњ ронда, роњгузаронро зада кушад ва боз дар озодї гардад? Кї мисли вакилони мо метавонад ќонунњои зиддимардумї ќабул кунаду боз писанди мардум бошад? Кї мисли номзадњои мо метавонад ба курсии президентї номзад шаваду даъвои президенти надоштабошад? Кї мисли мо метавонад ба интихобот нарафта ба номзади арзандааш овоз дињад? Ин њама кору корнамоињоро танњо мо тољикон метавонем!!!

Исфандиёр Халилї


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

13

њаќиќат Ман њам дар пањлўяш нишастам. Хомўшии њузнанезе тањхонаро фаро гирифт. Ин тањхона шоњиди ранљу азобњои дањњо тољик буд. Шояд шоњиди марги як, ду, дањ бародари њамхуни ман њам. Эй кош забон медошт... Ва эй кош ин њама тањхонањо, анборњо, бомњо, бешањо, истгоњњо, ќатораву мусофирбарњо забон медоштанду аз ќисмати талхи њаммиллатонам ќисса мекарданд. Расул танњо як нафар аст, ки ошної бо саргузашташ марди русеро ин ќадар такон додааст. Аммо агар он њама ќисматњо, он сарнавиштњои талху шикаставу бањамзада якљо шаванд? Магар инсоният такон нахоњад хўрд? Як нављавоне ин њамаро аз сар гузарондааст, пас беш аз ду миллион муњољир чї рўзњову чї ѓуссањо дидаву тањаммул кардаанд? Чї миќдор тањќир ба сари миллати ман рехта шудааст? Чанд адад корд ба љигари њаммењанам фурў рафтааст? Чанд сари бурида ќалби модари азизашро пурхун кардааст? Чанд модар дар интизори љигарбанди бедаракшудааш шабњо ранљи бехобї мекашад? Чї миќдор хоњарони ман дар инизори шавњарони бероњагаштаву думи зани русеро гирифтаашон ашки њасрат мерезанд? Кудаконе, ки се, чор, дањ сол чењраи падаронашонро надидаанд чї миќдоранд? Чї ќадар ашки модар дар интизори фарзанд, ашки зан дар фироќи шавњар ва ашки тифлакон дар орзуи дидори падар рехта шудааст?..

(Идома аз шуморањои гузашта)

аќте хост ба Тољикистон равад –ногоњ хомўширо шикаст духтур, - гуфтамаш, ки маро тарк мекунї? Гуфт, чаро, ман мехоњам шуморо њамроњам барам. Гуфтам ман дар он Тољикистони љангзадаи ту чї кор мекунам? Дарњол дар ѓазаб шуду гуфт, ки Тољикистон љангзада нест ва љанг понздах сол пеш тамом шуда буд. Њаргиз иљоза намедод њарфи баде аз Тољикистон гуфта шавад. “Хуб, хуб, ман дар Тољикистон чї кор мекунам?” “Он љо он ќадар бемор њаст, ки...Танњо хешовандони ман наздики 50 нафар бемор доранд. Мехоњам онњоро табобат кунед” Дар њоле, ки худаш наздик буд пой дароз кунад, аз дигарон меандешид. Дар њоле, ки ин њама бадї аз одамон дидааст, танњо нек меандешад. Тасаввур кун, агар аз одамон танњо некї медид, чї нуре аз ў бадар мешуд. ўро писархолањояш фиреб кардаву ду сол бе музд кор фармуда буданд, аммо њарфи баде аз онњо ба забон намеовард... Мо ба хонаи Фарњод баргаштем. Духтуру Фарњод њамдигарро хеле эњтиром мекарданду бо вуљуди дўстии чандсолаашон њамдигарро “Шумо” мегуфтанд. Баъзан Фарњод духтурро танбењ медод ва ў бо табассум ќабул мекард. Ман бо Фарњод њудуди 4-5 сол шинос будам. Аммо шиносии мо бо ду се вохўрии чанддаќиќаина ва сўњбатњои кўтоњи виртуалї тамом мешуд. ў њамеша саросема буд. Ман, ки медонистам чї хидматњое ба дину миллат мекунад, бисёр мехостам бо ў њамсўњбат шавам, аммо њеч гоњ фурсат пайдо наме-

Тољиконро бад медидам шуд. Имрўзњо њам, ки мењмонаш будам, барои соате пайдо мешуд ва боз ѓайб мезад. Њамон соатњое њам, ки бо њам будем, ў асосан ба зангњои гўшиаш љавоб медод. Дар сари чамбари мошин њам пайваста як дасташ дар гўшї буд. Ба ман барои ташкили корам дар Маскав кўмак мекард – ман барои њамин ба наздаш омада будам, аммо сўњбатњои кории мо њам хеле мушаххас ва кўтоњ буданд. Бо духтур њам барои чанд даќиќа танњо мешуданд, тез чизеро бањс мекарданд ва Фарњод боз мерафт. Бо расидан ба хонаи Фарњод, онњо чанд даќиќа дар њуљраи алоњида сўњбат карданд ва духтур хеле хушњол аз он хориљ шуд. -Шамсуддин меояд, - бо тантана эълон кард ў, - ту ўро мешиносї? Ман китф дарњам кашидам. -Оњ, чї марди бузургест. Ман њаргиз аз сўњбаташ сер нашудаам. Њатман бо ў сўњбат кун. Ваќте Мусалмони ман бори аввал дар сњњбати Шамсуддин ширкат кард, медонї чї гуфт? Гуфт, ки ман мехоњам назди ў дарс хонам ва мисли ў шавам... Воќеъан Мусалмон њайф шудааст. ў хеле њарис ба омўхтану донистан аст. Боре ман бо нархи гароне китоби Хайёмро харидам, ки хеле бузург ба ороишдодашуда буд. Гоњ гоњ онро мехондам. Ваќте Мусалмон онро дид то сањар аз сараш нахест. Њаргиз дарснохондаеро дидаї, ки то сањар китоб хонад? Ваќте дидам бо чї эњтиёте онро вараќ мезанад, бо чї эњтироме бо он муносибат мекунад, хеле мутаассир шудам ва тўњфааш кардам. Оњ чї ќадар ў хушбахт буд, кош медидї. Ва ин хушбахтии ў он ќадар ба ман таъсир кард, ки чанд рўз табъам болида буд... Магар њамин китобдўстии як нафаре, ки њамагї то синфи шаш тањсил кардааст, гувоњи ин нест, ки њикмат дар хуни тољикон љорист? ў аз насли Рудакист ва ман мутмаъинам, ки ин насл рўзе аз худ дарак хоњад дод. Њатман он рўз фаро хоњад расид, ки тољикон ба асли хеш баргарданд. Шамсуддине, ки духтур мегуфт, њамон эшони Шамсуддине будааст, ки ман орзуи шиносої бо ўро дар сар мепарваридам. Чанд бор дар љамъомадњо дида будаму сўњбатњояшро шунида, аммо шарафи шиносої бо ин бузургмард насибам нашуда буд. Наќлњои аљибе аз дигар дўстон дар борааш мешунидам ва ин њаваси маро ба шиносої бо ў зиёдтар мекард. Бо даромаданаш ба хона, ман аз хурсандї аз љой парида ба пешвозаш шитофтам. Ѓайриинтизор ў маро ба оѓўш кашиду гуфт: - Хуб њастї, Абдуманнон? Ман аз њайрат, ки ў маро аз куљо мешиносад, гунг шудам. Эшон њайрати маро диду гуфт: - Ман навиштањоятро дар Фейсбук мехонам. Сафари индафъаинаам хеле бобарор буд, њарчанд корњои тиљориам нотамом монданд. Ман бо Фарњод, ки ѓоибона

дўсташ медоштам, бо духтур – ин марди њакими рус ва ахиран бо Эшони Шамсуддин, ки орзуи шиносої бо ўро дар сар мепарваридам дар як ваќт шинос ва њамсўњбат мешудам. Баъди сўњбати яксоатаи якљоя духтуру Фарњод боз барои сўњбати худашон ба њуљраи дигаре рафтанд ва барои ман имкони сўњбати рў ба рў бо Эшонро муњайё карданд. Њељ чизе наздам дўстдоштатар аз сўњбат бо чунин мардони фозил нест... аммо боз Фарњод сўњбати моро ќатъ кард. Ӯ ворид шуду гуфт, ки њамон нафаре, ки ман барои шартнома бастан бояд вомехўрдам, моро дар бозори Тёплый Стан интизор аст. Моро якљоя бо духтуру Шамсуддин ба онљо бурд. Мушоњида кардам, ки ваќте эшони Шамсуддин бо тољикї сўњбат мекунад, духтур хеле бодиќќат ўро гўш мекунад... Фурсати сўњбат бо Эшон њам аз даст рафт. Баъди хўрокхўрї ў гуфт, ки бояд биравад. Фарњод њам рафт. Мову духтур танњо мондем, аммо сўњбати минбаъдаи мо танњо аз тиб буд. Аниќтараш ман ўро саволборон кардаму ў хеле босаброна ба суолњои омиёнаи ман посух гуфт. Ман ќарор дода будам идомаи ќиссаро аз забони худи Расул бишнавам. ...Баъди чањор рўзи рафтани духтур ман њам ба ватан баргаштам. ў дар сўњбати телефонї гуфт, ки беморони зиёде ба наздаш меоянд ва шояд 4-5 рўз дар Душанбе бимонад. Ман њам ба

Хуљанд парвоз кардам, то модарро њам барои муоинаи духтур ба Душанбе барам... Духтур дар хонаи Расул истиќомат мекард. Бо омадани ман ў он ду варзишгарро њам љеѓ зад ва ман якбора бо њарсеяшон шинос шудам. Расул љавоне кушодарўй аммо хеле камгап буд. Варзишгарон њам хеле хоксору боњаё буданд. Њеч кас гумон намекард, ки ин ду љавони дар назар хеле оддї ќањрамони љањон бошанд. Аз ин ки гуфтам мехоњам дар бораашон бинависам њеч эњсосеро дар онњо мушоњида накардам. Онњо барои сафар ба Лањистон омодагї мегирифтанд ва дар љустуљўи маблаѓ будаанд. Чун соат аллакай аз дањ њам гузашта буд, ба хотири ранљ надодани хонаводаи Расул мо сўњбатро барои фардо гузоштем. Аммо фардои он рўз сафари варзишгарон муайян шуд ва онњо, ки бояд тайёр мешуданд, барои сўњбат ваќт наёфтанд. Танњо Расул монд. Аммо гирифтани ќисса аз забони Расул кори сањле набуд. ў танњо ба суолњои ман посухи кўтоњ медоду бо њамин иктифо мекард. Ваќте хоњиш мекардам, ки чизе аз њаёташ дар Маскав наќл кунад, мегуфт њеч чизе, ки аз зиндагии дигар муњољирон фарќкунанда бошад, надорад. Бо зањмати зиёде ќисмате аз саргузашташро аз забонаш берун кашидам. Абдуманнон Шералиев


14

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

таноќуз

Берлусконї 577 бор бо полис рў ба рў шудааст Аз нуздањ сол пеши њузури Селвио Берлусконї дар арсаи сиёсии Итолиё бо њошия њамроњ буда аст, ин раванд ба ќадре дар ин кишвар идома дошта, ки њатто замоне ки вай дар давлат њам њузур надорад, наќши вай дар сиёсати дохилии Итолиё инкорнопазир аст. Берлусконї 3 давра ба тартиб, дар солњои (1994-1995), (2001-2006) ва (2008-2011) нахуствазири Итолиё буд ва њамчунон сояаш бар сари давлати ин кишвар аст ва тасмимгирињои вай наќши муњиме дар сохтори давлатї дорад.

Аз 19 сол пеш то имрўз

Барои баррасии даврони кории Берлусконї бояд ба соли 1994 баргардем, замоне, ки барои аввалин бор ба маќоми нахуствазирии кишвараш расид, вай дар 26 январ 1994 эълон кард, ки мехоњад ќадам ба арсаи сиёсат бигузорад. Аммо пас аз он ки нахуствазир шуд, умри фаъолияти вай камтар аз як сол буд. Он њам ба далели ихтилофоте, ки дар эътилофи њоким ба вуљуд омад, дар натиља оќои нахуствазир маљбур шуд дар интихоботи апрели 1996 љои худро ба Романо Продї бидињад.Бо ин њол вай бори дигар њамчун номзади ростгаро дар интихоботи порлумонии 2001 ширкат кард ва тавонист бо шикасти Фронсиско Ротеллї, номзади чапгаро, бори дигар нахуствазир шавад ва кобинаи дуюм ва сеюми худро то соли 2006 шакл дод. Берлусконї то интихоботи апрели 2006 рањбари эътилофи рости миёна буд. Ин бор бахт бо вай њамроњ набуд ва бори дигар бо ихтилофи андаке аз Продї шикаст хўрд. Парокандашавии давлати Продї, бори дигар фурсатро барои Берлусконї фароњам кард. Ба ин тартиб, вай дар майи соли 2008 барои сеюмин бор ба унвони нахуствазири Италия савганд ёд кард. Аз ин љо ба баъд буд, ки мушкилоте ки оќои нахуствазир эљод карда буд, худро нишон доданд. Ин, яъне пас аз ин ки мушкилоти вай дар заминаи ќарзњои аврупої афзоиш ёфт, овози аксариятро дар парлумон аз даст дод ва ночор шуд то дар 16 ноябр 2011 истеъфо дињад. Оќои нахуствазир ноумед нашуд ва дар феврали 2013 низ ба рањбарии њизби ростгаро дар интихобот ширкат кард, аммо ќарор буд, ки Берлусконї фаќат рањбарии эътилофро бар ўњда бигирад ва нахуствазир нашавад. Эътилоф тањти њокимияти вай 29% раъйро ба даст овард ва пас аз чапгароёни тањти њокимияти Пир Леуљї Берсонї дар маќоми дуюм ќарор гирифт.

Акнун Берлусконї ва тарафдоронаш ба њамроњи њизби демократї ва миёна- равњо, ки дар давлати Морио Монтї, нахуствазири пешин буданд, аз давлати Анрико Лето, нахуствазир њимоят мекунанд.

Собиќаи беш аз 30 соли расвої

Расвоињои Берлусконї ба соли 1981 бармегардад ва марбут ба фаъолиятњои расонаї мешавад. Аммо дар давроне, ки вай бар маснади ќудрат буд, њокимияти худро бар расонањо ташдид кард ва бузургтарин ширкати расонаии ин кишварро њадаф ќарор дод, ки интиќоди расонањоро дар пай дошт. Ба хусус, ки вай ба ваъдаи худ дар заминаи фурўхтани дороињои шахсии расонаї худдорї кард. Бо ин њол њамаи инњо дар сояи расвоињои ахлоќии вай ќарор дорад. Маљмўъае аз парвандањои судии натиљаи фаъолияти сиёсии Берлусконї, аз он замон то кунун аст. Нахуствазири машњури ду дањаи гузашта дар њоле ин тавр натиљагирї мекунад, ки борњо тазоњуроте дар эътироз ба сиёсатњои вай дар Итолиё баргузор шуд. Яке аз муњимтарини онњо тазоњурот њудуди њазор нафар аз занони Итолиё дар соли 2009 дар эътироз ба рафтори ѓайриахлоќии вай буд ва вайро ба озор додани занон муттањам карданд. Ин тазоњурот дар вокуниш ба изњороти Берлусконї дар як мунозираи телвизионии зинда ба Рози Биндї, намояндаи зани порлумони Итолиё дар мавриди ин ки :”зебоии шумо бисёр бештар аз аќли шумост” сурат гирифт. Ин фаќат шаммае аз рафторњои ѓайриахлоќии Берлусконї буд. Нуќтаи ављи хабарсозињои ин сиёсатмадори итолиёї, ифшои робитаи ѓайриќуонунии вай бо Карима Алмањруќ дар фосилаи феврал ва майи 2010 ба ивази пардохти пул ва муттањам шудан дар феврали 2011 буд. Ин масъала ба далели ин ки

Алмањруќ, ки ба Рубї шўњрат дорад, зери синни ќонунї буд, ањамият пайдо кард. Аз тарафе ин раќќоси Марокашї ба далели дуздї дастгир шуда буд ва Берлусконї талош кард, то бо тарњи иддаои равобити хонаводагии вай бо Њуснї Муборак, диктатори барканоршудаи Миср, Рубиро аз зиндон наљот дињад. Бо ин њол дар 24 июни соли 2013 додгоњ Берлускониро дар заминаи парвандаи Алмањруќ ва сўи истифода аз ќудрат, гунањкор донист ва ба сипарї кардани 7 сол зиндон мањкум кард. Зимни ин ки ширкат дар хадамоти умумї низ барои Берлусконї мамнуъ шуд. Албатта, ин њукм то замоне, ки додгоњи таљдиди назар раъйи худро эълон накунад, иљрої намешавад. Берлусконї мўътаќид аст, ки аз соли 1994 то 2006, 789 додситон ва ќозї бо њадафи халал ворид кардан дар раъйњои мардуми Итолиё, дар раванди баррасии парвандаи муштараки вай мушорикат доштаанд. Албатта оморњо нишон медињад, ки Берлусконї 577 бор бо полис рў ба рў шуда, 2 њазору 500 љаласаи додгоњї до-

штааст ва 174 миллион евро ба вакилон падохт карда аст. Албатта, Берлускони њамеша пули кофї барои пардохт ба вакилон ва сиёсатмадорони барљастаи мудофиъаш, доштааст. Масалан, Никола Саркозї, раиси љумњури пешини Фаронса, ки худ низ яке аз чењрањои љанљолии Фаронса аст, яке аз њомиёни сарсахти Берлусконї буд. Бархе аз додситонњои пешин, ки дар љарёни парвандаи вай фаъолият мекарданд низ ба мухолифон дар порлумон пайвастанд. Њоло оќои љанљолии Итолиё бо њукме љадид рў ба рў шудааст. Мањрумияти 2 сола аз тамомии фаъолиятњои сиёсї њукме аст, ки девони олии Итолиё ба далели таќаллуб ва тахаллуфотї барои вай содир кардааст. Ин њукм барои касе, ки дар солњои ахир бештарини таъсирро дар арсаи сиёсии Италия дошта аст, њукми каме нест, зимни инки ба назар мерасад вай њанўз аз даст додани курсии Сенатро фаромуш накарда аст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс

Таваљљўњ! Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО-и ЉТ) нињоди љамъиятии нозир ва танзимгари риояи «Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон» аст. Барои ошноии бештар бо фаъолияти Шўрои ВАО-и ЉТ сомонаи электронии он www.Odob.tj - ро мутолиа кунед ва дар бобати наќзи «Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон» аз љониби расонањо эроду шикоят дошта бошед, ба Шўрои ВАО-и ЉТ мурољиат намоед. Суроѓаи Шўрои ВАО-и ЉТ: ш.Душанбе, х.Саъдии Шерозї, 16 (ошёнаи 14). Нишонии электронї: tajmediacouncil@gmail.com Тел: 239-54-07; 904010110 (моб.)

Эълон Мўњри созмони љамъиятии «Фидес» гум шуда аст. Дар сурати пайдо шудан, хоњишмандем ба раќами 935005048 занг занед.


Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

15

оина Айни замон гузариш ба кортњои миллї ва дастрасии он ба нафаќагирони љумњурї дар шањру ноњияњои Тољикистон ба таври ройгон идома дорад. То имрўз дар 20 филиали Амонатбонк ба беш аз 283 њазор нафар хизматрасонї тавассути кортњо ба роњ монда шудааст, ки аз онњо 37% кортњои миллї мебошанд. Теъдоди дорандагони кортњои минтаќавии Амонатбонк бошад, бештар аз 280 њазор нафар аст, ки аз ин миён 103,3 њазор нафар дорандагони кортњои миллї мебошанд. Њисоббаробаркунї бо истифодаи пули наќд њам барои сохторњои молиявї ва њам барои давлат нисбатан ќимат меафтад. Барориши пули нав, ивазкунии пулњои фарсуда, шумораи барзиёди коргарони дастрасон, талафи ваќти мизољон, номувофиќатии хизматрасонї, њаљми бузурги пули наќд –њамаи ин ва дигар омилњои мављуда бори гаронеанд бар дўши иќтисодиёти мамлакат. То ба имрўз Амонатбонк бо 502 корхонаву ташкилотњои буљетї ва ѓайрибуљетї оиди пардохтњо

тариќи кортњои пардохтии бонкї њамкориро ба роњ мондааст, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 291 адад зиёд мебошад. Хизматрасонињо тариќи кортњои пластикї дар 286 терминал ба роњ монда шудааст. Дар 225 адад терминалњои кории бонк ва 61 банкоматњо, гардиши умумии њисоббаробаркунии ѓайринаќдї тавассути кортњои пардохтии бонкї 483,2 млн. сомониро ташкил медињад, ки нисбат ба њамин давраи соли 2012 ба 2,2 маротиба ва шумораи амалиётњои кортї 73% зиёд мебошад. Тавассути филиалњои Амонатбонк ба 602,8 њазор нафар нафаќагирони маќомоти њифзи иљтимоии ањолї бо талаботи маблаѓи моњона ба андозаи 112,1 млн. сомонї ва

Муассис:

Амонатбонк

мушкили нафаќагиронро осон мекунад

ба 18,5 њазор нафар нафаќагирони маќомотњои њифзи њуќуќ бо талаботи маблаѓи моњона ба андозаи 10 млн. сомонї хизматрасонї карда мешаванд. Дар ќиёс бо њамин давраи соли гузашта шумораи нафаќагирони маќомоти њифзи иљтимоии ањолї дар љумњурї 16 665 нафар ва ё 2,8% зиёд гардида, талаботи маблаѓи моњонаи онњо 15,1 млн.сомонї ё 15,6% афзудааст. Барои пардохти нафаќаи нафаќагирони маќомоти њифзи иљтимоии ањолї дар нуњ моњи соли 2013 аз љониби Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа 995,8 млн. сомонї ба суратњисоби филиалњои Амонатбонк ворид гардида, бо назардошти баќияи аввали сол (26,7 млн. сомонї) 1003,3 млн. сомонии он дастраси нафаќагирон гардонида шудааст.

Амонатбонк дар омор Бино ба иттилоъи масъулини Амонатбонк теъдоди дорандагони

Зафари Сўфї

Муњаррир:

Азизи Наќибзод

Мудири

иљроия: Хилватшоњи Мањмуд

кортњои бонкї то аввали моњи равон ба 283 030 нафар расидаанд, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта 76737 нафар зиёд мебошад, аз он љумла: -Visa –1941 -Амонаткорт (минтаќавї)281.089 Инчунин, аз љумлаи кортњои минтаќавї 249 335 ададаш, кортњои нафаќагирон мебошад. Бартарияти амалї шудани лоињаи «Нафаќа тавассути кортњои бонкї» љабњањои зиёдеро фаро мегирад,аз љумла: 1.Таъмини шафофият дар таъинот, маблаѓгузорї ва пардохти нафаќа. 2. Пайдоиши манбаи маълумотњои муътамад ва њифзшуда 3.Њисоббаробаркунии фавриро таъмин менамоянд. 4.Соњиби корт-нафаќгир ба сана ва ваќти пардохти нафаќа пойбанд нест, метавонад аз дилхоњ таљњизот ва дилхох минтаќа (шањру ноњия) пулашро гирад (ин эрод аз љониби нафаќагир, ки дар давоми 2 моњ (бояд ба Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї(АДСИН) баргардонида шавад) нафаќаашро бо сабаби дар

Хабарнигорон: Абдулазизи Восеъ, Исфандиёри Халилї, њумайрои Бахтиёр, Сиёвуши ќосимзода Тарроњ: Аслиддини љумъа менељер: С. НЕЪМатУлло

Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Нафаќагирон аз Амонатбонк розианд Хадича Латипова, сокини ноњияи Шоњмансури пойтахт дар сўњбат бо Озодагон гуфт, низоми нави пардохти нафаќа барои ў хеле ќулай аст: “Тўли ду моњ мешавад, ки ман нафаќагирам. Моњи аввал тариќи наќдї

 Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест.  Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд.  Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст.  Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202972800036580001 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе

www.ozodagon.com

дигар шањру нохия буданаш нагирифтааст, аз байн меравад). 5.Навбатњои ваќтгир дар рўзњои пардохти нафаќа бартараф карда мешавад. 6.Истифодаи кортњои бонкї номгўй ва њаљми хизматрасонињоро чї дар самти тиљорат ва чї дар самти пардохти хизматрасонињои иљтимої (пардохти маблаѓњои коммуналї, хариди ашёњои рўзгор ва ѓайра…) васеъ менамояд.

нафаќаамро гирифтам, аммо то охири моњи дуюм кормандони бонк ба хонаам корт оварда доданд. Акнун ман метавонам дар њар љое, ки набошам сари ваќт нафаќаи худро гирам, ки ин кори мо нафаќагиронро хеле осон карда аст.” Дар њамин њол, як гурўњ аз нафаќагирони љамоати Обигарми ноњияи Роѓун ба редаксияи “Озодагон” номае ирсол намуданд, ки дар он минатдории худро ба кормандони филиали “Амонатбонк” дар ш. Роѓун иброз доштаанд. Дар поёни ин нома 30 нафар имзо гузошта, навиштаанд: “Бо истифода аз кортњои пластикии Амонатбонк мо имкон дорем нафаќаи худро њар сари моњ, бе сарфи ваќт дар идораи нафаќа ва дар нуќтаи дилхоњ мегирем”. Бино ба иттилоъи масъулини ин бонк дар шањри Роѓун ба беш аз ду њазор нафаќагирон бо маблаѓи ним миллион сомонї хизмат расонда мешавад ва дар раванди гузариш ба пардохти ѓайринаќдии нафаќапулии нафаќагирони шањри Роѓун Бонк аз рўи наќшаи батасвибрасида тасмим гирифтааст то охири соли љорї њамаи бознишастагони ин шањрро бо корти Бонкии “Корти миллї” таъмин намояд.

ИНН № 030012573

нишонї Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880-07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст.

Нилуфари КАРИМ


16

Озодагон

№40 (300)  23 октябри соли 2013

њафтранг

Мунгаи муњољирбачаи тољик Аз мулки ѓарибї даст шўед, додо, Гулњои умеди худ бибўед, додо. Дишаб зани њамсоя маро гуфт «саѓир» Маънои саѓира чист?Гўед, додо!

Додо, додо Шумо маро мешунавед? Дарди дили бемори маро мешунавед? Ман гилаи бисёр надорам, додо, Ин гиряи афгори маро мешунавед?

Мо зинда,Шумо зиндаљудоед, додо, Аз аспи ѓурури худ фуроед, додо. Ду духтару ду писар дуомон ин аст: Аз хонаи он занак буроед, додо!

Шабњои дароз модарам мегиряд, Аз гиряи шўри додарам мегиряд. Бовар дорад, ки мебиёед як рўз, Ин хоњари хушбоварам мегиряд.

Додо, додо чаро китобам нахаред? Ман ташна шудам ќатраи обам нахаред? Як бор сари сахти маро сила кунед, Ман гушна наям нуќлу кабобам нахаред!

Додо, додо аз кимиё панљам њаст, Аз фани забони урусї ранљам њаст. Њарчанд либоси варзишї нест маро, Як дафтари хотироти пурганљам њаст.

Офтоб, агар машъала афрўзад чї? Мањтоб ба ман дида, агар дўзад чї? Ман мењру муњаббати Шуморо хоњам, Додо, дилатон ба ман намесўзад чї?

Додо дина дуто шокалад овардам! Пулдор шудам, рафта салат овардам! Азбаски барои хоњарам куртка набуд, Аз хонаи як занак халат овардам!

Пойпўши ягонаам даридаст, додо, Њуш аз сари сахти ман паридаст, додо. Пойњои кафидаам чунон хуншоранд, Ин њоли маро саге надидаст, додо!

Аз шодии хоњарам чунон шод шудем! Як лањза зи банди гиря озод шудем! Ин жандахалат, ки бегиребон будаст, Аз нолаи хоњарам ба фарёд шудем.

Додо, додо Шумо куљоед, додо? Њасрат ба дилам чаро наоед, додо? Њамсоя барои духтараш курта харид, Аз бањри Худо чи камнамоед, додо!

Додо, додо сари ману пои Шумо, Як бор биёед холї аст љои Шумо. Як шањраки хурду мо људоем зи њам, Додо, додо вои ману вои Шумо!

Дар пеш зимистони хунук аст, додо, Пероњани хоњарам тунук аст, додо. Додарчаам имсол ба мактаб наравад, Мўхтољ ба костуму бурук аст, додо.

Додо, додо зани љавон бигрифтед, Зан ќахт задаст, ки аламон бигрифтед? Аз номи хуши Шумо чи мондаст дигар, Ин лањза, ки номи занкалон бигрифтед?

Абдувоњиди Зевар

Додо, додо зи роњатон баргардед, Аз пеши зани худхоњатон баргардед. То умр бувад интизорем, додо Бар манзилу бар даргоњатон баргардед! Њар лањза, ки ман нафас барорам, додо! Аз кунљи дилам њавас барорам, додо! Њар чи ки кунам намебиёед, охир Орзую умед абас барорам, додо? Додо, додо алам кашидам, додо! Аз ашки зиёд нам кашидам, додо! Нодида љавонї пир шудам! Мефањмед?! Аз зиндаљудої ѓам кашидам додо!


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.