Озодагон 295 pdf

Page 1

Роњи халосї аз бебарќї вуљуд дорад

мусоњиба

Чаро парвандаи соњибкори боздоштшуда мўњри махфї гирифт?

Пули муњољир муњим, њаќќаш не?

5

3

сиёсат

пурсиш

Озодагон Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист!

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

6

Оќибати созишномаи сулњ дар интизори консепсияи ИНИТ?

E-mail:ozodagon@mail.ru

-Пирамида? Роњбарияти “7 Бурљ” иддао дорад, ки фаъолияти ширкаташ дар чорчўби ќонун будааст

Таѓйирот Мардуми мо аз ин вожа њарос доранд, фикр мекунанд, инќилоб, яъне љанг, љанги шањрвандї. Хуб, биёед њамин тавре, ки љомеа ќабул кардааст аз он истифода кунем. Пас кї метавонад дар Тољикистон инќилоб кунад?


2

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

рухдод Амр

Рањмон дар мавриди даъвати наваскарон фармон баровард Эмомалї Рањмон, раисиљумњури Тољикистон, дар мавриди даъвати тирамоњии наваскарон ба хидмати њарбї фармон баровардааст. Тибќи иттилои дафтари матбуоти раисиљумњури Тољикистон Эмомалї Рањмон фармон дод, хизматчиёне, ки муњлати хизмати њарбиро адо намудаанд, ба эњтиёт рухсат дода шаванд ва шањрвандони соли таваллудашон 19861995 ба хидмат даъват гарданд. Тибќи фармони президент, “моњњои октябр-ноябри соли 2013 шањрвандони љинси марди то рўзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шањрвандони синну соли калонтари Љумњурии Тољикистон, ки њуќуќи ба таъхир андохтани мўњлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати њарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, даъват карда шаванд». Эмомалї Рањмон Вазорати фарњанг, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистонро вазифадор намудааст, ки омодагї ва рафти даъвати шањрвандонро ба хизмати њарбї ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати њарбиро дар Ќуввањои мусаллањи Тољикистон њамчун вазифаи муќаддаси њар як шањрванди Тољикистон тарѓибу ташвиќ намоянд. Вазорати тандурустии Тољикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандањо табибону мутахассисони ботаљрибаро таъмин намояд.

таъинот

Шафќат Муњиддинов раисикунандаи парвандаи Зайд таъин шуд

ваъда

Раиси КМИР: Коре мекунем, ки як кас чанд овоз надињад Шермуњаммади Шоњиён, раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон 3-юми сентябр дар мулоќот бо ањзоби сиёсии кишвар аз камбуди маблаѓ, барномањои пешазинтихоботии ањзоб, назорати интихобот ва таъмини сулњу субот гуфт. Шоњиён бо зикри он, ки имкониятњои буљаи КМИР барои интихоботи президентї мањдуд аст, афзуд, ки то њозир 4 миллиону 22 њазор интихобкунанда сабт шудааст. Дар мавриди њавзањои интихоботї Шоњиён гуфт, ки баъди тасвибашон рўйхати њавзањо ба нозирон дода хоњад шуд. Раиси КМИР барои таблиѓи пешазинтихоботии номзадњо ба президентї 20 рўзро кифоя гуфт ва таъкид намуд, ки дар баъзе љойњо љамъ намудани интихобкунандагон мушкил аст ва таклиф кард, ки номзадњо бо интихобкунандагон якљоя мулоќот кунанд: “Дар сурате, агар номзад имконият надошта бошад, аз номи ў метавонанд, ки

шахси боваринокаш бо интихобкунандагон мулоќот намояд”. Шоњиён бо зикри таљрибаи интихоботњои солњои гузашта гуфт, њар дафъа эрод мешавад, ки як нафар ба љои чанд кас овоз медињад: “Мо бояд тамоми чорањоро андешем то ин кор дигар сурат нагирад. Барои ширкати беморон таваљљуњи махсус дода истодаем ва шароит муњайё мекунем”. Дар мавриди иддаои ќаблии мухолифин, ки шароити назорати интихобот дар навоњиро надоранд, Шоњиён афзуд, ки ќонуни феълї теъдоди нозиронро мањдуд накардааст ва аз ањзоб даъват намуд, ки рўйхати нозирони худро пешнињод кунанд.

фатво

Turajon.org дар бораи пўшидани кафшњои пошнабаланд Сомонаи Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тўраљонзодањо, аз рўњониёни саршиноси Тољикистон пўшидан ва фурўхтани кафшњои пошнабаланд (каблук)-ро барои занњо нораво хондааст.

Шафќат Муњиддинов, додраси Додгоњи Олии Тољикистон раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, соњибкори боздоштшудаи тољик таъин шудааст. Дар ин бора як манбаи хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, ки мурофиаи додгоњї пушти дарњои баста сурат хоњад гирифт. Ин дар њолест, ки вакилони дифои Зайд Саидов аз муњри махфї гирифтани парвандаи зерњимояашон изњори нигаронї мекунанд. Исњоќ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар сўњбат ба “Озодагон” гуфт, аслан аз руйи ќонунгузорї баррасии парвандаи Зайд Саидов набояд паси дарњои пўшида сурат бигирад, чун ин парванда њеч сирри давлатиро дар бар намегирад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоњии вакилон муњри махфї задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломаќом парванда муњри махфї гирифтааст. Мо ин масъаларо њатман бознигарї хоњем кард”. Исњоќ Табаров дар идома гуфт, ки дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиќи нињодњои давлатї, аз љумла –рањбари ваќти Саридораи геологияи тољик, Кумитаи сармоягузорї, Вазорати адлия ва дигар маќомоте, ки зери иљозатномањо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварї шуда, онњо ба мурофиаи додгоњї даъват хоњанд шуд. Исњоќ Табаров мегўяд, ки њоло ба унвони Додгоњи Олї барои дидорбинї бо зерњимояашон ва омўзиши њуљљатњо дархости расмї фиристодаанд. Зайд Саидов, соњибкори шинохта ва рањбари гуруњи ташаббускори њизби “Тољикистони нав”, як моњ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси њизби сиёсї, субњи 19-уми май боздошт шуда, айни њол дар боздоштгоњи муваќќатии Кумитаи амнияти миллї нигоњдорї мешавад. Ў дар порагирї, ќаллобї, тамаъљўї, таљовуз ба номус, бисёрзанї, алоќаи љинсї бо ноболиѓ ва водор намудан ба исќоти њамл муттањам мешавад. Коршиносони тољик иттињомот алайњи Зайд Саидовро супоришї унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Ољонсии зидди фасод ќатъиян ин иддаоро рад мекунанд.

Баробари ин раиси КМИР аз ањзоби сиёсї хост, ки њангоми тањияи барномаи номзади худ, дар баробари мавзўњои аслии худ аз сулњу субот дар кишвар фаромўш накунанд.

Торнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, гуфтааст, “агар он кафшњо пошнабаланд бошанд ва пўшидани ин навъ кафшњо хоси занњои фосиќа бошанд ва дар ваќти роњ рафтан овоз содир кунанд, пас пўшидан ва фурўхтани ин навъ кафшњо барои занњо љоиз нест”.

Ин торнамо шарњ додааст, ки дар Ќуръон ба занњои мусалмон хитоб мешавад, «ва пойњои худро дар замин накўбанд то зинати пўшидаи худро ба дигарон бифањмонанд». Яъне Худованд дар ин оят аз баровардани овози занљире, ки занњо дар пояшон мекарданд, нањй кардааст. Вале ба навиштаи Turajon.org, агар кафшњои пошнабаланд, ба шарте, ки зиёд баланд набошаду овоз содир накунаду хоси занњои фосиќа набошад ва барои зан зарар нарасонад, пас пўшиданаш барои онњо ва инчунин фурўхтанаш љоиз мебошад. Торнамои мазкур ба корбаронаш тавсия додааст, ки аз пўшидани ин навъи кафш худдорї кунанд: “агар занњо ин навъ кафшњоро напушанд бењтар аст”. Ин дар њолест, ки моњи марти соли љорї маъмурияти Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз духтарони донишљў ва муаллимањо хоста буданд, ки бо пойафзолњои пошнапаст, аз љумла «иринка» ба дарсњо њозир нашаванд ва тавсия доданд, ки кафшњои пошнабаланд пўшанд.

фољеа

Раиси кони “Назар-Айлоќ” дар утоќи истироњатияш кушта шудааст Вазорати умури дохилии Тољикистон мегўяд, тахминан соати 00:30 даќиќаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоќи истироњатии директори кони ангишти “Назар-Айлоќ”-и ноњияи Рашт, шањрванд Темиров Нуриддин, соли таваллудаш 1958, истиќоматкунандаи шањри Душанбе даромада, бо истифода аз силоњи оташфишони таппончаи тамѓаи “Макаров” ўро паронда, аз љойи њодиса ѓайб задаанд. Ба иттилои ин нињод дар натиља раиси кони ангишт љароњати вазнини љисмонї бардошта, дар беморхонаи марказии ноњияи мазкур ба њалокат расидааст. Мањмадулло Асадуллоев, сухангуи ВКД дар суњбат бо “Озодагон” гуфт, тафтишоти ќазияи мазкурро шахсан вазири умури дохилї Рамазон Рањимов зери назорат гирифтааст: “Айни замон барои муайян ва дастгир кардани љинояткорон бо фармони Вазири корњои дохилї аз њисоби корман-

дони ботаљрибаи раёсатњои оперативии Вазорати корњои дохилї ва Раёсати корњои дохилї дар ноњия ва минтаќаи Рашт гурўњи фаврї-љустуљўї созмон дода шуда, тафтишоти ин љиноят идома дорад”. «Назар-Айлоќ» яке аз конњои калидї ва дорои ангишти хушсифати Тољикистон аст, ки дар 90 киллометрии маркази ноњияи Рашт ќарор дорад ва таќсими манофеъ аз ин кон яке аз омилњои даргирињои се соли пеш дар шарќи Тољикистон арзёбї мешуд.

њикмати њафта

Кўзпуштро танњо гўр ислоњ мекунад.

Маќоли халќї


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

3

сиёсат Шермуњаммади Шоњиён, рањбари комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Тољикистон гуфт, талош мекунад, то њеч монеаи сунъие барои овоздињии шањрвандон ва ё намояндагони ањзоби мухолиф пеш наояд. Љаноби Шоњиён бо таъкиди ин нукта њамзамон аз ёрии молї пайдо накардани КМИР аз љониби созмонњои байналмилалї изњори нигаронї кард. Њумайрои БАХТИЁР

Бањси вараќу худкор дар КМИР

Шермуњаммади Шоњиён рањбари КМИР бо рањбарони ањзоби сиёсї ва дигар субектњои њуќуќи пешбарии номзад ба курсии президентидошта мулоќот анљом дод. Дар рафти мулоќоти мазкур љонибњо масоили мушкилоти сунъї, норасоии маблаѓ ва мањдуд будани имконияти нозиронро мавриди баррасї ќарор доданд. Дар рафти мулоќот аз тарафи ањзоби сиёсї пешнињод гардид, то нусхаи протокол ба намояндагони онњо дар њавзањои интихоботї пешнињод гардад. Шермуњаммади Шоњиён дар рафти баромади худ бо ишора ба маблаѓгузорї нашудани баргузории интихобот аз тарафи созмонњои байналмилалї гуфт, ки КМИР дар ин интихобот бори аввал тамоми харољотро бар уњдаи худ гирифта, имкони расонидани нусхаи протоколро ба њамаи нозирон надорад. Муњиддин Кабирї, рањбари ЊНИТ дар навбати худ аз пеш овардани далелњое ба монанди норасоии маблаѓ интќод намуд. Ба гуфтаи вай барои нусхабардорї кардани протокол шояд њатто њазор сомонї масраф нашавад: “Рањбари ЊНИТ гуфт, ки чандин бор пешнињод кардем, то вараќањои интихоботї бо ќалам пур карда нашаванд. Аммо ба мо мегўянд, барои таъмини њавзањои интихоботї бо ручка маблаѓ надорем. Чунин далелњо набояд бошад. Дар

Мо њам шањрванди њамин кишварем...

Пули муњољир муњим, њаќќаш не? Тољикистон камтар аз 4 њазор њавзаи интихоботї аст ва барои таъмини онњо бо ручка њамагї њазор сомонї кифоя аст.” Дар робита Муњиддин Кабирї, дар њузури рањбари КМИР, ањзоби сиёсї ва дигар субъектњои њуќуќи пешбарии номзад ба курсии президентї аз фарњанг ва ахлоќи сиёсї дар раванди интихобот нигаронї намуд. Рањбари ЊНИТ ба рањбари КМИР пешнињоди ќабули як Кодекси ахлоќро ироа дошта, афзуд, “ахлоќ ин меъёри њуќуќї нест ва интихобот як масъалаи ахлоќї њаст. Дар ваќти тезутунд шудани раванди интихобот гоњњо мешавад, ки иштирокчиён аз доираи ахлоќ ва фарњанги сиёсї берун мераванд ва инро тариќи ќонун танзим карда намешавад. Мутаассифона, дар кишвари мо чунин Кодекс вуљуд надорад. Шояд барои ин интихобот мо дер кардем, вале интихоботи дигар дар пеш њаст, ки КМИР метавонад ин ташаббусро бигирад”.

Таъмини шаффофият аз тарафи раисони участкањо, ки њамзамон узви ЊХДТ њастанд

Маврид ба зикр аст, дар нишасти аввали худ Шермуњаммади Шоњиён гуфт, ки ба њисоби умум дар Тољикистон 4 милиону 22 њазор интихобкунанда ба ќайд гирифта шудааст. Ва аз ин лињоз барои њар номзад ба курсии президентї лозим мешавад,

то барои сабти ном 210 њазор имзои интихобкунандаро ба тарафдории худ љамъоварї намояд. Аммо аљобати ин меъёр дар ин аст, ки муњољирони мењнатї њуќуќи љамъоварии имзо ба тарафдории номзадро надошта, як интихобкунанда бояд ба тарафдории як номзад овоз бидињад. Ин меъёри муайян кардани КМИР-ро ширкатдорони нишаст мавриди интиќод ќарор доданд. Сайидумар Њусайнї, муовини рањбари ЊНИТ гуфт, ки ин меъёр ќобили ќабул нест: “Инљо мушоњида мешавад, ки љамъоварии имзо ба тарафдории номзадро бо райъдињии шањрвандон омехта кардаанд. Дар асл як шањрванд метавонад барои ширкати 3-4 номзад овоз бидињад. Чун бо ин ў барномаи номзадњоро мавриди омузиш ќарор дода, дар рузи интихобот ба тарафдории яке аз онњо овоз хоњад дод”, гуфт С. Њусайнї. Дар робита ба ин Шокирљон Њакимов, муовини рањбари ЊСДТ шаффофияти амалишавии меъёри дигари КМИР, яъне аз тарафи раисони њавзањои овоздињї љамъовари гардидани вараќањоро зери суол бурд. Ба гуфтаи Шокирљон Њакимов аксари раисони њавзањои интихоботї бо далели мансубият ба њизби њоким одилона рафтор нахоњанд кард.

Шоњиён барномањои телевизионии зидди нањзатиро меомузад Дар

нишаст

Муњиддин

Кабирї бо ишора аз барномањои охир гуфт, ки дар баъзе аз кишварњои љањон ба хотири таъмини баробарї миёни ањзоб КМИР дар расонањои хабарї ќабл аз шуруъи интихобот мониторинг мегузаронад. Рањбари ЊНИТ таъкид дошт, ки дар фазои феълии кишвар бо муборизањое, ки шуруъ шудаанду бештар аз сулњу суббот мегуянд, баъзе аз гуруњњо, ба хусус ЊНИТ худро каме нороњат эњсос мекунад. Муњиддин Кабирї ба Шермуњаммади Шоњиён пешнињод дошт, то КМИР ба шабакањои телевизион тавсияњое бидињад, ки маќсади пахши барнома сиёњ кардани як љониб набошад. “Таќсими ваќти телевизион муњим аст. Дуруст аст, ки бо њукми мансаб, вазифа ва масъулият баъзењо дар экран хоњї нахоњї бештар њузур мекунанд. Чун ахбор аст, фаъолияти њарруза њаст ва аз ин љойи гурез њам нест. Аммо дар дигар кишварњо КМИР аз ин раванд назорат мебарад, то фаъолияти расонањои хабарї бар фоидаи як кас ва зарари дигар нафар анљом наёбанд”, илова намуд Кабирї. Дар љавоб ба ин суханони рањбари ЊНИТ, рањбари КМИР, Шермуњаммади Шоњиён гуфт, ки масъалаи барномањое, ки нисбат ба аъзои ЊНИТ ваќтњои охир пахш мешаванд, дар доираи салоњияти худ мавриди омузиши комиссияи интихоботї ќарор хоњад дод.

Зоњиран Шермуњаммади Шоњиён, ки баргузории ин интихобот аз таљрибаи аввалинаш ба њисоб меравад, хостори ворид кардани баъзе аз дигаргунињо дар корњоро дорад. Рањбари КМИР аз намояндагони ањзоби сиёсї даъват ба амал овард, то њангоми тањияи барномаи пешазинтихоботии номзади эњтимолии худ ба баъзе аз мавзуот таваљљуњи хоса бидињанд. Шермуњаммади Шоњиён гуфт, ки одатан барномањои номзадњо бо дарназардошти муќаррароти оинномаи њизбї тањия мешаванд, вале: “Мавзуъњое ба монанди сулњу субот ва якпорчагии кишвар набояд дар мадди назар ќарор бигирад”. Шермуњаммади Шоњиён бо ишора ба мушкили љамъ кардани шањрвандон дар манотиќи кишвар гуфт, ки эњтимолан дар баъзе аз љойњо мулоќоти якљояи номзадњо бо интихобкунандагон баргузор гардад. Бояд гуфт, ки таљрибаи баргузории мулоќоти якљояи номзадњо ба курсии президентї бо интихобкунандагон то имруз боре њам амалї нашудааст. Ин њам дар њолест, ки ба эњтимоли зиёд њизби њоким боз номзадии раисљумњури феълї, Эмомалї Рањмонро пешбарї намояд. Инљо суоле пайдо мешавад, ки оё раисљумњур барои дидор ва гуфтугў бо интихобкунандагон дар якљоягї бо номзадњо аз ањзоби мухолифи сиёсї розї хоњад шуд?


4

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

дидгоњ

Таѓйирот

Халил Ќаюмзод

агар њукумат бираваду хешовандони онњоро дастгир карда ба зиндон партояд, масъалаи инќилоб њал? Не, албатта. Чунки њар як фарди љомеаи имрўз бо чандин нафари дигар алоќаву робита дорад. Ва ин алоќаву робитаву пайвастагињо метавонанд як гурўњи калон ва ё як њукуматро ташкил кунанд.

Дуруд хонандаи арљманд! Ин навбат дар бораи ... як дидгоњи хосе менависам. Љомеаи имрўзаи Тољикистонро метавон ба се гурўњ таќсим кард: - Гуруњи аввал, љонибдорони њукумати рўз. Онњое, ки аз раисљумњури кунунии кишвар, Эмомалї Рањмон ва њукумати ў пуштибонї мекунанд. Ин гурўњ боз ба чандин зергурўњњо таќсим мешавад: а) Онњое, ки аз зиндагї ва шарту шароити имрўза ќонеанд; б) Онњое, ки аз дигаргунї метарсанд; в) Онњое, ки бе ин њукумат њастии худро аз даст медињанд. Яъне њама бойигариву шароите, ки доранд, бе мушкил ба даст овардаанд ва аз он њарос доранд, ки њукумати нав онњоро аз ин дастовардњо ва муфтхўрињо мањрум месозад. Ин љо дар бораи шахсияти Эмомалї Рањмон чизе наменависам...

3

– Гуруњи саввум, љонибдорони интихоботи шаффоф ва бо роњи ќонунї иваз кардани њукумат. Бисёрињо бовар намекунанд, ки дар Тољикистон интихоботи президентї метавонад шаффоф гузарад. Яъне онњо пешакї худро маѓлубшуда мешуморанд. Албатта ин кори хуб нест. Чун Тољикистон ватани шумо њам њаст ва шумо њаќ доред аз њар њукумате, ки рўи кор бошад, талаби риоя шудани раъй ва њуќуќњоятонро бикунед.

1

P.S.

Э, биё бас кун, Халил. Сар кун, акаи Зафарча: “Хоља, бигў, ки ман манам, ман на манам, на ман манам”. Маст шав, бача...

Ба гуфти роњбари гуруњи оппозитсионии “Ватандор”, Додољони Атовулло: “барфи бало болои боми њар сокини Тољикистон рехтааст”. Кї аз њукумат ранљидааст? Ќариб, ки аксари ањолии Тољикистон. Чун ањолї аз бебарќї, бемаорифї, бекорї, бенизомї, беадолатї хаста ва дилгир

шудааст, аммо ба назар мерасад њанўз ба андозаи сахт наранљидааст. Кї сахт ранљидааст, кї метавонад набахшад? Пайвандони Ѓаффор Мирзоев, Ёќуб Салимов, Лангарї Лангариев, Алии Бедакї, Мирзо Зиёев, Муњаммадрўзї Искандаров, Имомназар Имомназаров... Тамом, дигар касе не? Яъне,

P.P.S.

2

– Гуруњи дуввум, љонибдорони таѓйирот бо роњи инќилоб. Аслан вожаи инќилоб ягон бадї надорад. Аммо мардуми мо аз ин вожа њарос доранд, фикр мекунанд, инќилоб, яъне љанг, љанги шањрвандї. Хуб, биёед њамин тавре, ки љомеа ќабул кардааст аз он истифода кунем. Пас кї метавонад дар Тољикистон инќилоб кунад? Ба љуз онњое, ки аз њукумат сахт ранљидаанд дигар касе инќилоб нахоњад кард. Чун ба гуфти Файзинисо Воњидова: “дар рагњои мардуми мо ба љои хун тарс гардиш мекунад.” Аммо тарс њам андоза дорад.

“ “

Ба фикрам, аз ин пас, болои навиштани матлабњои сиёсї нуќта мегузорам. Худо нигањбонатон, хонандањои гиромї!

се назар

Кай ба истиќлоли воќеъї мерасем? А

Т Бењрўзи Забењулло, шоир

ољикистон монанди њамаи кишварњои дигар тибќи конвенсияњои СММ як кишвари мустаќил ва соњибихтиёр аст. Аммо мизони нуфуз ва таъсиргузории кишварњо дар низоми байналмиллал ба ќудрати низомї ва тавоноии иќтисодии онњо бастагї дорад. Аз сўи дигар, раванди љањонишавї шароитеро фароњам кардааст, ки њеч кишваре аз кишвари дигар бениёз нахоњад буд ва дар натиљаи њамкорињои дуљониба ва чандљониба ниёзњои башарї таъмин хоњад шуд. Њар кишваре, ки дар раванди мубодилаи байналмиллалї аз имтиёзи бештаре бархурдор бошад, мусалламан нуфуз ва таъсиргузории он низ бештар аст. Дар чунин раванде дар низоми байналмиллалї табиатан кишварњои худкифо ва тавлидкунанда нисбат ба кишварњои масрафкунанда аз нуфуз ва эътибори болотаре бархурдор њастанд ва манофеи миллии худро роњаттар таъмин мекунанд. Кишварњои масрафкунанда бошад ноилољ дар раванди муомила бояд ба онњо имтиёзи бештаре вогузор кунанд. Бо таваљљўњ ба ин фарзия Тољикистон бояд њарчи бештар бахши маъориф, иќтисод ва тавоноии низомии худро таќвият кунад, то битвонад ба таври шоиста аз манофеи миллии худ дар арсаи байналмиллалї дифо намояд. Замоне ки мо ба ин сатњи тавоної бирасем ба он маъно аст, ки мо ба истиќлоли воќеї даст пайдо кардаем. Асрори тавоноии кишварњо ба сатњи доноии шањрвандони он вобаста аст ва доної сарчашмаи тавоноии башар мебошад. Ин њикматро њаким Фирдавсї њудуди њазор сол ќабл ба мо ёддоварї карда буд ва мо бояд ин пандро њаргиз фаромуш накунем: Тавоно бувад њар, ки доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад!

Сайфулло Сафаров, муовини рањбари МТС

слан ќабл аз оне, ки баъзе аз шањрвандон ва ё коршиносоне мегўянд, ки мо истиќлоли воќеъї ва ё комил надорем, онњо бояд таъриф биёранд, ки истиќлоли комил гуфта чиро дар назар доранд. Онњо бояд бигўянд, ки истиќлоли комил гуфта кадом кишварро дар назар доранд, њамон Амрикоро бо ќарзи баробар ба 38 дарсади ММД ва ё Русияро бо мушкилоти дигараш. Кадоме аз ин давлатњо воќеан истиќлол доранд, ки аз њама талабот бархурдор њастанд. Чунин истиќлол дар њеч куљое мављуд нест. Њамаи давлатњо аз њамдигар вобастагї доранд, яке нафт, дигаре газ, об, ё барќ. Мо мебинем, ки Тољикистон дар њамин 22 сол истиќлол дорад. Ин истиќлол ба мо имконият медињад, ки манфиати худамонро эњсос мекунем, таърихро меомузем ва мањдуд намекунем. Маънои дигари истиќлоли ин аст, ки мо бояд имкони истифода аз захирањои худро дошта бошем.

А

Сайидиброњими Назар, вакили парлумон

слан истиќлол мењнати бисёр бузург аст, ки њама орзу дорад, то зиндагии мустаќилона дошта бошад. Аммо ин дунё ва инсониятро Худованд тарзе офаридааст, ки мо ниёз ба њамдигар дорем. Ин хел бигўем, ки як нафар ва ё як кишвар бидуни ниёзе ба кишвари дигар вуљуд дошта метавонад, ин нодуруст аст. Њар як кишвар ба кишвари дигари љањон ниёз дорад. Фаќат њамин аст, ки сатњи вобастагии мо ва шумо бештару вазнинтар аст. Мо бештар пойбандї дорем ба дигар кишварњо. Аз ин хотир даќиќ гуфта наметавонем, ки мо истиќлоли воќеъї дорем ё надорем. Агар мо битавонем, ки њувияти миллї ва динии худро њимоя бикунем, то ба њувияти дигар дин ва ё миллат мањв нашавем, ин њам як мустаќилї њаст. Шояд баъзењо бо ишора ба њузури низомиёни рус дар Тољикистон бигўянд, ки кишвари мо мустаќил нест, аммо ваќте пойгоњи низомии як кишвар инљо њузур дораду ба ќонунњо эњтиром мегузорад, ин хилофи меъёре нест.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

5

мусоњиба

Роњи халосї аз бебарќї вуљуд дорад Гуфтугўи хабарнигори “Озодагон” бо Одилхон Саъдуллоев, мутахассиси соњаи энергетика ва узви гурўњи муассисини њизби сабтиномнашудаи “Тољикистони нав”. -Зиёда аз 20 сол мешавад ањолии Тољикистон дар орзўи рањої аз чанги норасоии барќ дар кишвар, бахусус дар фасли сармо, мебошанд. Ба назари Шумо њамчун як мутахассиси ин соња, Тољикистон кай ба истиќлолияти энергетикї мерасад? -Барои пурра таъмин кардани ањолї ва корхонањои љумњурї бо нерўи барќ, яъне аз њеч кас вобаста нашавем, њамин рўз кушиш кардан даркор, ки аќалан ду агрегати нерўгоњи барќї-обии “Роѓун” ба кор дарояд. Дар он њолат мо метавонем, гўем, ки мо аз нуќтаи назари энергетикї таъмин њастем. -Шумо дар њоле аз бунёди “Роѓун” њарф мезанед, ки коршиносон мегўянд, ба хотири падидаи сиёсї шуданаш ин нерўгоњ, эњтимол ба зудї бунёд нашавад. Ба андешаи Шумо имрўз роњњои дигари аз миён бардоштани лимити барк дар кишвар мављуд њаст? -Ман фикр мекунам, ки њозир имкони барњам додани лимит вуљуд дорад. Агар ду корпусњои 11-12-и заводи алюминї аз кор тамоман монанд, дар фасли зимистон, ин ба мо имконият медињад, 200 мегават иќтидори ќувваро сарфа кунем. Њамин ќадар нерўи барќ, яъне 200 мегават истифода бурда нашавад. Ѓайр аз ин, 10 корпуси боќимондаи электролизи ин корхона бояд дар фасли камобї, яъне дар шаш моњи тирамоњу зимистон аз таъмири капиталї гузаранд. Агар ду корпуси калонаш 100 мегаватї бошад, 200 мегават, боќимонда низ ќариб 200 мегават тахминан гўем 400 мегават сарфа мешавад. Ин 400 мегавати мо тахминан 3 миллиард киловат соат дар як сол, вале дар мавсими шаш моњ гирем, яку ним миллиард килловатт соат барќ дар ним сол сарфа мешавад, ки аслан норасоии барќ дар мавсими зимистон аст. Ин як пањлуи масъала, дуюм, мо бояд дар њамин маврид, дар њамин фасли камобї ѓайр аз неругоњи “Норак”, дигар нерўгоњњое, ки дар поёноб њастанд, аз љумла, “Бойѓозї”, “Сангтуда-1”, “Сангтуда – 2”, нерўгоњњои марказї, њамаи онњоро ба кор дароварда, танњо дар фасли тобистон таъмир кунем. Зеро дар тобистон ин агрегатњо агар таъмир њам шаванд, нерўгоњи Норак об ки бисёр дорад, њамаи агрегатњояшро кор мефармояд, аз барќ таъмин мекунад. Зарурияти ин

нерўгоњњоро ба кор даровардан нест. Инњо агар кор кардан гиранд мо метавонем, ки барќро ба дигар кишварњои хориљ низ фурўшем. Ин дуюм воситаи барњам додани лимит аст. Мумкин 100 дарсад њам набошад, аммо амалан лимитро барњам додан мумкин. Боз як воситаи кам кардани харољоти неруи барќ вуљуд дорад. Ман гуфта будам, ки нархи барќро бардоштан даркор. Яъне ваќте, ки мо нархи барќро мебардорем, даромади буља зиёд мешавад. Лекин вазъияти корхонањо вазнин шуданаш мумкин, барои он ки вазъияти корхонањо вазнин нашавад, андозро кам кардан лозим. Њамон миќдоре, ки корхонањо барои хариди барќи ќимматшуда зарар мебинанд, тахминан њамон ќадар андозро кам кардан даркор. Дар ин њолат на корхона зарар мебинад, на буљаи давлат. Ваќте, ки мо нархи барќро бардоштем, корхонањо њаракат мекунад, ки фоида ба даст оранд. Сарфакор мешаванд, барќро зиёд истифода намекунад. Имконияти сарфа кардани он зиёд аст. Яъне мо агар аз як тараф барќро кам сарф кунем, аз тарафи дигар барќро зиёд истењсол кунем ва барќро сарфакорона истифода барем, аз нуќтаи назари нархаш метавонем њамаи мушкилињоро њал кунем: камтар барќ сарф мешавад, лимит барњам мехурад. Лекин њозир мо наметавонем корхонањои навро ба кор дарорем. Аммо оњиста – оњиста, “Сангтуда – 2” боз як агрегаташ ба кор медарояд, нерўгоњњои дигар њаст, Маркази барќугармидињии Ёвон ва Душанбе вуљуд дорад, ки на фаќат гармї медињад, балки барќ њам содир карданашон мумкин. Мо бо њамин роњњо метавонем, ки лимитро бардорем. Дар худи мавсими њаминсола. Ё то дараљаи минималї кам кунем, ки њис карда нашавад. Боз як чизи дигарро низ бояд ба назар гирифт. Имрўз агар Шумо ањамият дода бошед, ќариб дар аксари кучаву хиёбонњои Душанбе тариќи лўлаи резинї обро бароварда, об дода истодаанд. Ин кори хубе нест, ваќте оби нўшокиро барои об додани замин истифода мекунанд. Шањрдорї бояд сокинонро барои об додани дарахтон аз оби иригатсионї аз дарёњо таъмин кунад. Њоло дар њамаи кучаву майдончањо латок хобонида шудааст, вале даруни онњо холї аст. Латокњое, ки барои обёрї насб шудаанд, холї буда, баръакс тавассути лулахо

““

Аксари намояндагони њукумати имрўза иќтисодиётро роњбарї карда наметавонад.

мардум гулгаштхоро об медињанд. Инро ман ба хотири сарфаи барќ мегўям. Зеро барои дар он лулањо об омадан барќ масраф мешавад. Аммо фикр мекунам, ки дар шароити имрўза метавон ба истиќлолияти энергетикї расида натавонем њам лимитро пурра метавон барњам дод. -Аз нигоњи Шумо имкон дорад, ки Тољикистон то 7 соли дигар ба яке кишвари содиркунандаи барќ табдил ёбад? -Бале, имкон дорад, агар рањбарии бахши иќтисоди Тољикистон дигар шаванд. -Барои чї? -Зеро аксари намояндагони њукумати имрўза иќтисодиётро роњбарї карда наметавонад. Инро ќаблан њам гуфта будам ва имрўз њам такрор мекунам. Агар дар дигар масъалањо каму беш натиља дошта бошанд, дар масъалаи иќтисодиёт тамоман натичаи зарури нест. Барои мисол, мо њозир дар бораи барњам додани лимит гап задем. Ин бояд дар сатњи вазорати энергетика њал шавад. Ин кори онњост, ки бо якљогии роњбарони корхонањо њал кунад. Азбаски ин корро анљом намедињанд, фањмида мешавад, ки онњо инро намедонанд, агар медонистанд, мекарданд. -Дар ин бора далели Шумо чист? -Ба наздикї барои мо як таљњизот лозим шуд, ба Комбинати равѓанбарории шањри Душанбе рафтем. Дару девораш мањкам. Ба як зўрї нигањбони корхонаро ёфтем. Даромадем даруни корхона, касе нест. Ин дар њолест, ки замоне ман њамчун мутахассиси љавон ба ин корхона фиристода шуда будам, ин корхона дар як шабонарўз зиёда аз 100 тонна равѓан мебаровард. Сифати баланд. Маргарин омода мекард, дигар чизњо. Зиёда аз 500 нафар кор мекард. Љанобон корхонаро кайњо боз хусусї кардаанд. Тамоми таљњизот нобуд шуда, дубора барќарор кардани он амри мањол мебошад. Ќонун њаст дар бораи хусусикунонии

корхонањо. Корхона агар хусусї карда шуд, наметавонад самти фаъолияташро иваз кунад. Ин корхона њамчун комбинати равѓанбарорї чандин сари сол кор намекунад. Фарз кунем, Давлаталї Саидов чаро намепурсанд, ки ин корхона барои чї кор намекунад? Ваќте корхонаи хусусикардашуда дар доираи самти фаъолияташ кор намекуад, пас хусусикунониаш барњам мехурад, ќарор дар бораи хусусикунї бекор мешавад, аммо чаро хунукназарї менамуданд? Мисоли дувум заводи яхдонбарорист. Ба ѓайр аз нигањбон он љо низ касе кор намекунад. Он њам корхонаи майда набуд. Ё ин ки дар Корхонаи насољї, зиёда аз 14 њазор одам кор мекард. Њоло бинед. Ин корхонаро низ љанобон хусусї кардаанд. Хусусї карда 1400 нафар низ дар ин корхона фаъолият надорад. Ё заводи ФАНОН-ро гиред. Дар ин љо низ вазъият на он ќадар хуб аст. Ин мисоли он аст, ки љанобон иќтисодиётро роњбарї карда наметавонанд. -Шомил шудани шумо ба њизби Тољикситони нав хоњиши шумо буд ё шуморо даъват карданд? -Не, хоњиши худам буд. Маро касе даъват накардааст. Ваќте ки матни барнома чоп шуд, ман дар рўзнома хондам, бо барнома шинос шудам, худам наздашон рафтаму гуфтам ки фалон нафарам, 30 сол дар истењсолот кор кардам, њамин барномаи шумо барои ман ќобили ќабул аст, агар мумкин бошад, маро њам ќабул кунед. Онњо гуфтанд, ки агар розї бошед, њамчун муассис ќабул мекунем. Аз бовариашон бисёр сарфароз њастам. -То ин ваќт чанд нафар бо сабабњои гуногун ин њизбро тарк кард, оё эњтимол дорад, ки шумо њам дар оянда таљдиди назар кунед? -Тамоман эњтимол надорад. Ман њамон ваќте ба “Тољикистони нав” мурољиат кардам, ки Зайд Саидов дар мањбас буд. Ман аз ин чизњо, ки ба аќидаи Темур Варќї “крыси бегут из тонушего корабля” огоњ будам. Аъзои чунин њизб будан орзўи деринаи ман аст. Њолате ки дар кишвар мебинам, бисёр аламовар аст, барои одаме ки номус дораду фикри ватану фарзандонашро мекунад. Ман ин њизбро њеч гоњ намепартоям. Агар њама партофта раванд њам, ман тарк намекунам. Ба фикрам њамаи аъзои гуруњи муассисин рафиќоне њастанд, ки чунин аќида доранд.


6

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

пурсиш

Чаро парвандаи соњибкори боздоштшуда мўњри махфї гирифт? Исњоќ Табаров, адвокати Зайд Саидов

Бо таваљљуњ ба онки аз љониби шоњидон ному насаби чанд ќисме аз маќомдорони олирутба зикр гардидааст шояд маќомот зарур донистаанд, то ин парванда махфї эълон шаваду баррасиаш пушти дарњои баста анљом ёбад. Аслан аз руйи ќонунгузорї парвандаи З. Саидов набояд паси дарњои пўшида сурат бигирад, чун ин парванда њеч сирри давлатиро дар бар намегирад. Бо ин вуљуд, ба парвандаи мазкур бидуни огоњии вакилон мўњри махфї задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломаќом парванда муњри махфї гирифтааст. Мо ин масъаларо њатман бознигарї хоњем кард.

Бузургмењр Ёров, њуќуќшинос

Аллакай дар њамон љо ќарори тафтишот аст, дар бораи махфї эълом намудани амалњое, ки дар он љо мегузаронанд. Њимоятгарони Зайд Саидов бо ин ќарор шинос њастанд. Бояд онњо ин ќарорро њангоми тафтишоти пешакї ба прокурори болої, ё суд шикоя мекарданд, ки бар ину он асос мо фикр мекунем, ки ин ќазия чизи махфие надорад. Суд метавонад, ин мурофиаро мурофиаи озод эълом кунад ва гўяд, ки ќарори боло ба инобат гирифта намешавад.

Файзинисо Воњидова, њуќуќшинос

Нисбат ба Зайд Саидов бо моддаи 138 барои таљовуз айб эълом кардаанд. Воќеан, чунин намуди парвандањо ба таври пўшида баррасї мешавад. Вале дар ин њолат суд бояд ќарор ќабул намояд, ки дар асоси он бояд танњо дар ќисми лањзаи айби эъломкардашуда барои таљовуз ба номус дар мурофиъаи судї сурат гирифта дар дигар ќисмаш бояд кушода баррасї карда шавад. Агар гўем, ки суд ба хулоса омадааст, ки пурра парвандаи љиноятї ба тариќи пушида баррасї гардад, ин хилофи ќонун аст.

Ойнињол Бобоназарова, раиси созмони љамъиятии «Перспектива+»

Тибќи ќонун љиноятњое, ки марбут ба таљовуз њастанд мурофиаи судиашон пўшида мегузарад. Њуќуќшиносон њам чандин бор хостанд, ки ин мурофиа пўшида шаваду на журналистон на њомиёни њуќуќ ба он мурофиа дарояд. Он љиноятњое, ки аввал ба он эълон карда буданд ягон чизи махфї надоранд. Бинобарин мумкин хостанд, ки ин чиз пўшида шавад барои њамин таљовузро ба он кас часпонданд. Њол он ки он љо саволњои бисёр зиёд аст ва гуфта мешавад, ки умуман ягон базаи исботи ин чиз вуљуд надорад.

Парвиз Муллољонов, сиёсатшинос

Дар парвандањое, ки масоили фасод бардошта мешавад на њамаи пањлуњои

онро пахш кардан мумкин аст. На њамаи ин маълумотро барои љомеаи васеътар муфид медонанд. Барои њамин мехоњанд баъзе пањлуњои парванда махфї монад. Ваќте сухан дар бораи пардохти маблаѓњои ѓайриќонунї меравад маълум аст, ки ин љо на танњо Зайд Саидов сару кор дошт. Њатто худи шоњидоне, ки бар зидди Зайд Саидов баромада буданд, таъкид карда буданд, ки Зайд на танњо барои худаш, балки барои дигарон њам пул гирифтааст. Шояд ин њам яке аз сабабњоест, ки махфї мекунанд. Як сабаби дигараш ин аст, ки шояд на њамаи пањлуњои ин парванда аллакай исбот карда шудаанд. Дар зимн бархе аз пањлуњои парванда хеле њассос њастанд ва ѓайра. Ин мољаро мумкин сабабњои зиёде дорад.

Иззат Амон, рањбари Иттињоди љавонони Тољикистон дар Русия Ба гумонам ќарори Суди олї ба њангома шудани парвандаи Зайд вобастагї дорад. Парвандаи Зайд Саидов сирф як парвандаи сиёсист. Ваќтњои ахир робита ба ин парвандаи сохташуда дар дохил ва хориљи кишвар бањсњо зиёд шуд. Яъне љомеъаи

шањрвандии Тољикистон ва инчунин байналимилалї вокуниш нишон доданд. Ба њамин хотир «махфї» эълон карда, корро мехоњанд аз назари љомеъа пинњон доранд ин як назар аст. Назари дигар ин аст, ки њангоми тафтиши парванда имкон дорад, аъмоли асомии нафарони сари ќудратбуда ифшо шуда бошад, зеро билфарзе агар Зайд пуле аз касе гирифта бошад ин маблаѓро њатман бо нафарони «боло» таќсим кардагї аст. Ба њамин хотир, додгоњ намехоњад, ки ќазия њангома шавад. Назарњои дигар њам арзи њастї доранд вале дар њолати њассоси пешазинтихоботии мо аз гуфтани ин назарњои њассос, ки метавонад љомеаро такон бидињанд, худдорї менамоем.

Илњом Назриев, тањлилгар

Ин барои он аст, ки шоњидони мољаро асомии мансабдорони дараљаи болоро баён кардаанд. Ба њамин хотир маќомот хост, то ин парванда «махфї» гардаду баррасиаш паси парда идома ёбад. Ба эњтимоли зиёд сабабаш њамин аст. Зеро Зайд Саидов бо нафарони боломаќом сару кор дошт, ки феълан нуфузи зиёд доранд.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

7

интихобот Бо вуљуди он ки Суњроб Шарипов, намояндаи ЊХДТ дар парлумон ањзоби мухолифро ба надоштани барномаи рушди Тољикистон муттањам мекунад, ИНИТ консепсияи нињоии пешазинтихоботии худро ба имзо расонид. Акнун бахши иќтисоду иљтимоъи ин консепсияро баррасї менамоем, ки то кадом андоза ќобили иљро ва муфид аст?

Оќибати созишномаи сулњ дар интизори консепсияи ИНИТ?

Сиёвуш Ќосимзода

а) Соњаи иќтисод, иљтимоиёт ва маънавиёт «Таъмини сиёсати рушди истењсолот, хусусан саноат, ва аз нав дида баромадани низоми андозбандї, бољситонї ва гумрўк ба хотири таъмин ва рушди шароити соњибкорї ва истењсолот» Мирзои Салимпур иќтисоддони тољик мегўяд, кодекси андози њозира, ки бисёрињо њатто кодекси зулм номаш кардаанд бояд ољилан ва љиддан тањрир шаваду шумораи андозњо ва њаљмаш кам шавад, то соњибкор маљоли нафас кашидан њам дошта бошад. Ба ќавли номбурда, муњимтар аз њама ин аст, ки фалсафаи андозбандиро бояд таѓйир дод, яьне усул набояд кашида гирифтани андоз то комилан “луч” карда партофтани соњибкор бошад, ки њоло як намунаи барљастааш њамин ширкатњои марбут ба Зайд Саидов аст. «Аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муњољират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истењсолот ва эљоди љойњои корї бо маоши сазовор дар дохили кишвар» Абдулло Давлатов, раиси Иттињоди тољикони Русия мўътаќид аст, дар муќоиса бо Кореяи Љанубї, ки масоњаташ 98 њазор км. мураббаъ асту аз Тољикистон 142 њазор ва ањолии Кореяи Љанубї 50 млн. бар муќобили 8 млн ањолии Тољикистон аст, пас чаро намешавад, ки дар кишвари тољикон низ љойњои корї пайдо шавад? Албатта, ки мешавад. Он њам дар њоле ки шукри Худо мардуми мо аќли бойи таърихї ва тавоноии зењниву љисмонї дорад, ки соњибмулку ватани пешрафтае дошта бошад. Яъне агар менељменти хуб бошаду кадрњои коршоям барои рушди иќтисод љалб шаванд ва онњоро барои амали кардани барномањои пешрафти кишоварзї, энержї, обёриву истифодаи захирањои табиї ва мавќеи љуѓрофї љалб кунанд, албатта њам љойњои корї пайдо мешаванд ва њам аз таънаи муњољират халос мешавем. «Таъмини минимуми музди мењнати баробар бо мизони сабади истеъмолї» Иќтисоддонон чунин мешуморанд, ки дар шароити феълї имкони баробар кардани музди мењнат бо сабади истеъмолї вуљуд надорад, зеро маблаѓи буљет кифоя намекунад. Вале бо роњандозии истењсолот ва њарчи бештар љалб намудани сармояи мустаќим ба кишвар, ки натиљаи он афзоиши даромади миллист, метавон музди мењнати њадди аќалро бо сабади истеъмолї баробар кард. «Даст кашидан аз низоми ноодилонаи нафаќадињии ањолї, барќарор ва бештар кардани имтиёзњое, ки нафаќахўрон, маъюбон ва кишрњои осебпазири ањолї доштанд» Ин кор агар сурат гирад, кори хуб аст. Зулфиќори Исмоилиён тањлилгари масоили иќтисодї мегўяд, ки солњои пеш нафаќаи маъюбонро ќатъ карда гуфтанд, ки онњо набояд аз 800 сомонї зиёдтар

гиранд. Масъала ин буд, ки бисёре аз коркунони давлат ваќте ба нафаќа баромаданд, худро маъюби дараљаи аввал љо зада буданду маоши калон мегирифтанд. Ман як нафар аз ин афродро медонам, ки беш аз 14 њазор сомонї нафаќа мегирифт. Ин афродро тафтиш карда, ба муљозот кашидан лозим буд на ин ки ба хотири як «кайк» нафаќаи тамоми мардумро бознигарї кард. Бинобар ин, даст кашидан аз низоми ноодилонаи нафаќаи феълї лозим аст. Чун хелењо ба хотири ин система зарар дидаанд. «Авлавияти давлатї шудани доруфурўшї барои таъмини имтиёзноки нафаќахўрон, маъюбон ва кишрњои осебпазири ањолї бо доруворї» Ба аќидаи тањлилгари масоили иќтисодї Зулфиќори Исмоилиён, фуруши дору давлатї бошад хуб аст, чун бисёр афроде њастанд, ки доруњои ќалбакї ворид мекунанд. Њарчанд собит кардани ин чизњо дар Тољикистон бисёр мушкил аст. Хадамотњои давлатї њам инро хуб медонанду аз ин вазъият истифода мебаранд. Вале як нозукии дигар њаст, ки агар фуруши дору давлатї шавад, боз њамин фишорњо ва ривоми феълї давом меёбаду маќомдорон ба нафъи кисаи худ кор мекунанд. Албатта, контроли ин кор аслан мушкил нест, вале давлат намехоњад ин корро кунад. Зеро аз дору пули хуб кор мекунанд. Ваќте як бемор аз бемористон хориљ мешавад барояш 50 намуди дору менависанд. «Таъмин намудани хизматрасонии бепули давлатии тиббї» Дар Тољикистон тибќи ќонун тамоми хизматрасонии тиббї бепул

аст, вале дар љое бепул хизмат расонидани онњо дида намешавад. Зулфиќори Исмоилиён м мегўяд, ки ин масъаларо бояд «мардона» дида баромада шавад. Ё эълом кунанд, ки аз таърихи фалон ин хизматрасонї пулакї мешавад ва ё агар бепул аст онро назорат кунанд то касе пул талаб накунад. Агар касе пул гирифт, ўро дастгир карда ба зиндон андозанд. Ин масъала њамин ду роњи њал дорад. «Ба мардум баргардонидани маблаѓи ќарзї ва пули сањмияњо, ки аз љониби давлат ва бонкњо аз ањолї гирифта шудаанд» Ба андешаи Мирзои Салимпур, аз њисоби кутоњ кардани дастњое, ки аз дастурхони ќарзњои давлат њар кадом њаќќи худро канда истодааст имрўз метавон як манбаь ба даст овард. Аз тарафи дигар, сабуктар кардани бори андоз нињоят метавонад хаљми даромади давлатро хеле бештар кунад ва имконоти молиашро низ зиёд гардонад аз ончи имрўз њаст. «Таъмини назорати истифодаи грантњо, кўмакњои башардўстона, кредитњо ва дигар ќарзњо» Иќтисоддони тољик Мирзои Салимпур чунин мешуомрад, ки дар масьалаи ќарзхо низ хеле содда аст, бояд дар мадди аввал дасти хонаводаи њокимро аз ин ќарзњо кутоњ кард, чунки њоло асосан маззаи ин ќарзњоро наздикони нафари аввал мечашманду бори пардохтанаш дар гардани мардум аст. «Бепул кардани низоми тањсилоти њамагонї» Муовини раиси маорифи шањри Душанбе Соњибназар Сафаров мегўяд, ки сарќонун гирифтани

маълумоти асосии ройгонро дар тамоми муассисоти тањсилоти миёнаи умумї ва муассисањои тањсилотии томактабии давлатиро кафолат медињад. Ин кафолати давлат дар назди шањрвандон аст ва амалї њам мешавад. Дигар чи њољат аст, ки як наќшаи дигар гузошта ва онро бепул кунанд, ваќте њамин чиз њаст. Аз шањрванд аз синфи 1 то 11 маблаѓе талаб накардаанд! «Бартарият додан ба самтњои улуми даќиќ, таљрибї ва технологї (на камтар 65%) дар низоми маориф» Воќеъан, имрўз дар асри 21 улуми даќиќ, таљрибї ва технологї барои њар кишваре, ки пешрафт мехоњад бисёр лозим аст. Абдусаттор Одинаев мудири бахши рушди барномањои тањсилоти байналмилалии вазорати маориф мегўяд, ки Тољикистон ба зиёда аз 280 ихтисос ниёз дорад, минљумла соњаи нанотехнология, лазернаятехнология, њуќуќшинос дар соњаи экология, иќтисод, геология ва биология аз љумлаи ихтисосњоест, ки дар Тољикистон омода карда намешавад. Бинобарин ба ингуна улум бояд таваљљуњи љиддї дода шавад. «Ворид намудани хидмати алтернативї дар артиш ва тадриљан гузаштан ба артиши касбї» Фаридун Мањмадалиев, сухангўи вазорати мудофиа чунин мешуморад, ки дар сурати љорї кардани ин амр њам ин ки сарбоз ба таври алтернативї даъват мешавад ё шартномавї, худ масоили зиёдеро дорост. Ваќте сарбоз шартномавї мешавад дар ноњияи дурдаст бояд хона дошта бошад.

Зану фарзандаш њам бояд таъминоти њамаљониба дошта бошанд. Ба ќавли Мањмадалиев, љорї намудани хизмати алтернативї дар шароити имрўзаи Тољикистон бинобар сабаби бо пуррагї, ё ин ки тамоман фаъолият накардани корхонањо, муассисањо ва ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатї номумкин аст, чун онњо наметавонанд сари ваќт шањрвандони ба хизмати алтернативї даъватшавандаро ба кор таъмин намоянд. «Ќотеъона даст кашидан аз пулакї кардани роњњо бе таъмини роњњои алтернативї» Коршиносон бар ин назаранд, ки ин кор њам имкон дорад. Зеро то ќабл аз пулкї шудани роњи љануб роњњо пулакї набуданд, аммо баъди ба истифода додани роњњои пулакї садои мардум баланд шуд. Аз пулакї кардани роњ њеч бењбудие дар зиндагии мардум руй надод. Хизматрасонї дар роњи Душанбе –Хуљанд ончунон бењтар аз дигар роњњои бепул нест. IRS хизматрасонии вижае наовард, бигўї пули гирифтааш њалолаш бод ва кафолате нест, ки ваќте роњњо фарсуда шуданд ин ширкат бо пули худ миллионњо доллар баои бозсозии роњњо сарф мекунад. Ба љои чунин пулакї кардани роњњо ба нафъи ширкатњои наздик ба наздикони рањбарон дида бепул бошад роњу андози солонаи роњро барои тамоми ронандагон баланд бардоранд бењтар аст. Дар љумњурии Чех шахс солона 75 доллар дода, билети солона мегирад барои њаракат дар тамоми роњњои пулакї ва дигар касе дар ин роњњо истгоњу дарвоза гузошта аз шахс пул наметалабад.


8

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

рў ба рў Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон” бо Рањматилло Зоиров, раиси Њизби сотсиалдемократи Тољикистон ва яке аз фаъолони Иттињодияи нерўњои ислоњотхоњи кишвар мусоњибае анљом дод.

Озодагон: Чаро дар давраи пешазинтихоботї ин ќадар фишор нисбати њизбњои мухолиф мушоњида мешавад? Рањматилло Зойиров: Мегуфтам – “Он чизе аён аст, њочат ба баён нест” камтар соддатар мешавад. Мегўям - Азбаски, њукумат бараъло њис кард, ки нисбати мухолифини имрўза заиф мебошад ва интихоботро бой доданаш воќеият дорад, чунин фишорњоро мушоњида мекунем. Аз ин рў, аљабо, њукумат гуфта наметавонад – “майдон аз далер аст”. Ин навобаста аз он, ки њама посбонњои майдони мубориза аз љонибдорони ЊХДТ дар симои њукумат ќарор доранд (комиссияњои интихоботї, љамоатњо, мањаллањо ва ѓайра). Фишорњо на танњо нисбати њизбњои мухолиф аст, ин намоиши ќувваи њукумат ба љомеа, ба љонибдорони худ, ба њама мебошад. Озодагон: Чаро мањз имрўзњо ва чаро мањз ЊНИТ ва ЊСДТ ба чунин фишорњо дучор шудаанд? Рањматилло Зойиров: Сабаби аслї дар он аст, ки њизбњое, ки дар гузашта дар алоњидагї амал доштанд, имрўз якљоя амал мекунанд, ки натиљаи он таъсиси ИНИТ аст, ки характери љамъиятї гирифт. Ин сабаб дар якчоягї бо суст гаштани мавќеи њукумати имрўза ва ЊХДТ дар љомеа њукуматро водор месозад, ки фишор айнан нисбати ин ду њизб пурзўртар карда шавад ва илољаш бошад, байни онњо тафриќа андозанду, њамкории онњоро барњам дињанд. Таъсири фишор, чи хеле дар боло таъкид кардам, ба љомеа, кормандони њокимияти иљроия, љамоатњо ва ѓайра равона карда шудааст, ки «фаромўш накунед имрўз дар љомеа, кї њукмрон аст». Яъне ин фишор ва тањдид ба љомеа мебошад. Озодагон: Чаро Зойиров шахсан мавриди фишор ќарор мегирад, аммо Кабирї бевосита тањти фишор несту бештар аъзоёни њизбаш мавриди зургўї ќарор доранд? Рањматилло Зойиров: Ин њам сабабу асосњои мушаххасро дорад. Њукумати имрўза њамчун хизб аз ЊНИТ хавф дорад, на аз роњбарони њизб. Баръакс, њукумати имрўза на аз ЊСДТ њамчун њизб, балки аз роњбари ЊСДТ тарс дорад. Ваќте, ки њизби хавфнок ва шахсияти хавфнок якљоя мешаванд, ин барои њукумат хавфу тањдиди ду маротиба бештарро ба миён меорад. Аз ин

ИНИТ ба њар сурат дар интихобот ѓолиб меояд Зоиров:

рў, фишор нисбати Зойиров барои он аст, ки шахсияти онро номатлуб нишон дода, номзадии ўро њамчун номзади эњтимолї барои аз байн бурдан лозим мебошад. Њукумат пурра розї мешавад, агар ЊНИТ ба љойи Зойиров дигар номзадро пешнињод намояд. Озодагон: Боз кадом намуд фишор ва «мушкилињо» барои ќуввањои мухолиф, ѓайр аз њолатњои маълум, рух додан мумкин аст? Рањматилло Зойиров: Њар гуна њукумати авторитарї, ки дорои воситањои маъмуриву маќомотњои махсусро доро мебошад дар эљоди фишору «мушкилињо» устухон надорад. Аз љумла, муттањам кардани ин ё он шахс дар содир кардани «њуќуќвайронкунї» ва дар ин асос оѓоз кардани парвандаи љиноятї, аз љумла нисбати номзади эњтимолї, пурзўр кардани таъсирасонии руњї, љисмонї, молу мулкї ё харидорї намудани «ихтиёрии» фаъолони њизб, масалан, барои тафриќаандозї дар дохили њизб ё муносибатњои байнињизбї, ба миён овардани мањдудиятњо дар баргузор намудани анљумани њизб, мањдудиятњо дар љамъ овардани имзоњо, ки аллакай дар миќёси љумњурї ављ гирифтааст, даст кашидани раисони шањру ноњияњо аз тасдиќи вараќањои имзољамъкунї ё ташкили семинар ё љаласаи њукуматї, хусусан барои раисони шањру ноњияњо дар рўзњои имзољамъкунї, ба ќайд нагирифтани номзади эњтимолї, баррасї накардани шикоятњои њизбњо ва шахсони боэътимод ва ѓайра. Озодагон: Интизор меравад, ки чунин фишор пас аз интихобот кам хоњад

шуд? Чунин бархурд бо њизбу гурўњњои сиёсї, аз он љумла мухолиф, то кадом њад дуруст аст? Рањматилло Зойиров: Фикр мекунам, ки пас аз интихобот аз фишору тањдидњо њукумат бевосита ба барњам додани ЊНИТ ва ЊСДТ ё заиф кардани онњо ќадам мегузорад. Ин амалњо сабаби бархурдњои њукумат бо њизбу гурўњњои сиёсї мегардад, натиљаву оќибати ин бархурдњоро пешгўи кардан мушкил мебошад. Аслан, ворид шудан ба бархурдњо бо њизбу гуруњњои сиёсї дар љомеаи демократї аз љониби њукумат њамчун рафтори номатлуб бањогузорї карда мешавад. Давлату њукумати демократї доимо дар њаракати на бархурд, балки парваришу тарбияи мухолифин бошад, ки мухолифин сари ваќт камбудињои њукуматро ислоњ карда тавонад. Барои ин худи њукумат барои мухолифин шароитро муњайё гардонад. Ин барои пеш рафтани љомеа ва давлат бисёр муњим аст. Озодагон: Аз чунин бархурд, хулоса кардан мумкин аст, ки ањзоби тањти фишор њамчун раќибони чашмрас ба њизби њоким дар интихобот шинохта шудаанд? Рањматилло Зойиров: Албатта. Њукумати босалоњият ва демократї бояд як механизми технократї бошад, ки ба њар гуна танќид на танњо тобовар, балки ташаббускори танќиди солим ва тадќиќотњои объективонаву талх, бошад, на тавсифу тањният. Дар њукумат бояд одамњои обутобдида, мутахассисони соњаи худ, технократњои дар вазифаи худ устувор, кор кунанд. Муњимаш, њокимияти иљроия иљро намояд, сарвари давлат ва раиси њокимияти иљроия доимо ивазшаванда бошанд ва инро њамчун

ќонуният ва анъанаи давлатдорї ќабул намоянд. Дар ин њолат, њар як сарвари давлат, њокимияти иљроия аз пурзўр шудани њизбњои сиёсї, мухолифин танњо шод мешаванд. Дар интихобот, бо дарназардошти ИНИТ, то куљо таѓйир ёфтани тавозуни ќудратњоро чашмдор шудан мумкин аст? ИНИТ имрўз ќувваи асосии инъикоскунандаи манфиатњои љомеаи Тољикистон мебошад, аз ин рў, ў дар асл аллакай имрўз ѓолиб омад. Ман тахмин намекунам, азбаски медонам, ки ИНИТ сазовори аз чор се њиссаи овозњои интихобкунандагон њаст. Ин воќеият. Аммо, азбаски комиссияњои интихоботї дар дасти ЊХДТ дар симои њукумат мебошад ва овозњо таќаллуб карда мешаванд, натиљаи интихоботро њукумат на, ЊХДТ ба фоидаи ЊХДТ хал менамояд. Лекин ин ѓалабаи на њукумат, на ЊХДТ нест, азбаски, шикастани иродаи интихобкунанда ин вазнинтарин љиноят мебошад. Дар ин њолат њам ИНИТ ѓолиб меояд, азбаски, ќудрат, хусусан ќудрати инсонї дар тарафдории ИНИТ мешавад. Њокимияте, ки дар асоси шикасти иродаи интихобкунанда ба њадаф мерасад, бисёр умри кўтоњмуддат дорад ва танњо сазовори нобоварии мардум мебошад. Озодагон: Оё дар Тољикистон њизби нейтрал, ки на љониби мухолиф бошаду на њукумат, вуљуд дошта метавонад? Рањматилло Зойиров: Не, наметованад. Онњо низ љонибдори яке аз тарафњо њастанд, ё иродаи сиёсиашон барои ошкор худро муаррифї кардан басанда нест. Барои њамин функсияи асосии онњо ин дар театри сиёсї бозидани наќши лухтакњои сиёсат мебошад.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

9

таърих

Замона ва корномаи њафтаномаи “Ойина” Нашрияи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маљмудхоља Бењбудии Самарќандї (1875 --1919) дар Самарќанд, яке аз марказњои фарњангї ва таърихии тољикон оѓоз ба нашр кард. Пас аз фурўпошии Иттињоди Шўравї ва сар баровардани љумњурии мустаќили Тољикистон имкон ва фурсате ба даст омада, ки ба корњои пажўњишї њуввияти таърихии минтаќа нињодина гардад. Дар њамин росто аз оѓози дањаи навади садаи бистум як раванди густурдаи тољикшиносї ва мутолиаи љунбишњои фарњангї, маданї ва фикрї дар ин њавза шакл гирифта, нишастњои мутаадид анљом пазируфта ва дањњо китобу садњо маќолаи пажўњишї тавассути тољикњо, эронињо ва дигарон навишта, чоп ва пахш шудааст. Ба бовари нигоранда, нигариши пажўњишї ба корномаи рўзномањои таъсиргузор бар љанбањои маданї, фикрї ва фарњангии ин њавза дар сад соли пасин аз ањамияти вижа бархурдор аст. Навиштаи зер бар пояи маљмўаи њафтаномаи “Ойина” дар њамин росто нигариш ёфтааст. Њафтаномаи “Ойина” сад сол пеш дар 20 августи соли 1913 ба сардабирии Маљмудхоља Бењбудии Самарќандї (1875ѓѓ 1919) дар Самарќанд, яке аз марказњои фарњангї ва таърихии тољикон оѓоз ба нашр кард. “Ойина” дар нахустин шуморааш навишт: “ Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз ањвол ва авзоъро нигоњ мекунанд, талаби ислоњ мешаванд... Агар аз онњо пурсида шавад, ки ислоњ аз куљо сар (оѓоз) мешавад, љавоб хоњанд, гуфт, ки аз мактабу мадраса . Чунки њаёти миллат вобаста ба мактабу мадраса аст... Иморати мактабу мадраса кам нест, аммо кайфияти таълими он хуб нест ва илм, ки зотан ба мо лозим аст, дар мактабу мадрасаи мо нест... Миллатњои бедор дар боби ислоњи мактабу мадраса сайъи балеѓ доранд. Чунки ислоњ ва интизоми мактабу мадраса боъиси тараќќии дин ва миллат аст” Сардабири њафтанома “Ойина”-ро номи муносибе барои баёни роњ, равиш ва дарунмояи нашрия медонад ва онро дар нахустин шумора зери унвони “Ойина чист?” чунин тавзењ медињад: “Шахсе аз банда чунин суол мекунад, ки мурод аз ойина... чист ва чи чизро нишон медињад? Гуфтам, ойина ки...бар вай инсон назар афканад, худро мебинад ва аз чигунагии њолот ва ќиёфаи худ воќиф ва огоњ мешавад ва пас ба илољ мекўшад...” Омољи аслии њафтаномаи “Ойина” тарвиљи илм ва маориф, гушоиши мадорис, ислоњи низоми омўзиш ва парвариш, пешрафт ва ободии Бухоро буд.

Пешзаминаи поягузории њафтаномаи “Ойина”

Дар оѓози садаи бистум чанд дигаргунии муњим дар минтаќа рўй дод, ки дар тањаввулоти Бухоро таъсир гузошт. Аз љумла: пирўзии низомии Љопон бар имперотурии Русия дар соли 1905 ва дарњам шикастани афсонаи ќудрати бартари урупої, вуќўъи инќилоби 1905 - 1907 Русия ва дар пайи он оѓози тањаввулот дар ин кишвар ва сарзаминњои тањтулњимояи он, барпоии инќилоби 1906 - 1909 дар Эрон, ки роњро бадрои тањаввулоти бузурги таљаддудхоњї боз кард. Ба роњ афтодани таѓйирот дар давлати Усмонї дар соли 1908 ва фосила гирифтани он аз андешаи иттињоди ислом ва наздик шудани он ба андешаи миллатгарои турк . Густариши љунбиши озодихоњї ва бедории рўзафзуни мардуми Њинд ба унвони бузургтарин муќовимати ѓайрихушунатомези тўдаї, ки пояи истеъмори бритониёро ларзонд.

Бад-ин тартиб Бухоро шоњиди вазиши насими љунбишњои таљаддудхоњї ва ислоњталабї дар минтаќа буд. Нашриёти ислоњталаб ва таљаддудхоњ , ки дар кишварњои дигар нашр мегардид, дар оѓози садаи бистум роњи худро ба сўи Бухоро боз кард. Ин нашриёт, ба раѓми њама мавонеъ, ба дасти гурўњњои ислоњталаб мерасид ва дар амри бедориву ташаккули онњо наќши боањамият дошт. Дар њамин барња љунбишњои фикриву сиёсии Бухоро, ки пеш аз њама бар мењвари таљаддудхоњї ва ислоњталабї сар баланд карда буданд, ба муборизаи сиёсиву иљтимої барои пиёда кардани ислоњот ва таљаддуд пардохтанд. Дар солњои поёнии дањаи аввали садаи бистум муборизаи сиёсї- иљтимої миёни онњо ва неруњои мутаассиб ва суннатгаро шиддат касб кард, ки дар натиља неруи љадиде дар Бухоро падид омад, ки ба номи “љадидињо”(љавонбухороиён) номида шуданд. Љавонбухороиён ба манзури огоњ сохтани мардум аз авзоъи љањон, минтаќа ва Бухоро ва њамчунин пиёда кардани ислоњот ба нашру таблиѓи муназзами дидгоњ ва андешањои худ дар миёни мардум пардохтанд ва дар моњи морчи(март) соли 1912 рўзномаи таљаддудхоњва ислоњталаби “Бухорои шариф” - ро дар шањри Бухоро ба забони форсї мунташир карданд. Ин рўзнома пас аз интишори 153 шумора дар январи соли 1913 ба дастури амир Олимхони манѓит, амири Бухоро мутаваќќиф шуд. Панљ моњ баъд аз мутаваќќиф шудани он ба кўшиши “љадидињо” њафтаномаи “Ойина “ дар 20 августи соли 1913 дар шањри Самарќанд мунташир шуд, ки наќши фаъолони љунбиши “љадидињо” ва беш аз њама Мањмудхоља Бењбудии самарќандї дар навиштани маќолањо барљаста аст. Навгароии љавонбухороиён вокуниши шадиди муллоёни мутаассиб ва амири Бухороро барангехт. Амири Бухоро якљо бо муллоёни мутаассиб дар солњои 1917- 1918 даст ба куштори оми њазорњо рўшанфикр зад, ки дар таърих камтар назир дорад. Ин саркўби хунин фурўпошї ва парокандагии созмони љавонбухороиёнро дар пай дошт.

Бахше аз неруњои љавонбухороиён ба болшевизм ва бахше њам ба панисломизм ва пантуркизм пайвастанд ва таљаддудгароёну таљаддудгарої ба бўтаи фаромўшї супурда шуд. Зиндагинома: Мањмудхоља Бењбудии самарќандї рўзноманигор, намоишноманавис ва яке аз пешгомони нањзати “љадидињо” дар Фароруд, дар соли 1875 дар Самарќанд зода шуд ва баъд аз омўзиши ибтидої дар мадориси суннатї ба унвони муфтї дар Самарќанд таъин гардид. Вай миёни солњои 1900 то 1914 аз Усмонї(Туркия), Миср ва Русия дидан кард ва бо авзоъву ањволи мадорис, маориф, адабиёт, матбуот ва зиндагии мардуми ин кишварњо ошно шуд. Боздид аз ин кишварњо дар тањаввули андеша ва дидгоњњои Бењбудї сањми боањамияте дошт. Абдулќодир Шакурии Самарќандї (1875 -1943) аз маорифпарварони барљастаи тољик , барои нахустин бор мактабе ба сабки љадид дар Самарќанд таъсис кард ва Бењбудї дар соли 1908 хонаи худро мањалли ин мактаб ќарор дод ва аз лињози моддиву маънавї ба он ёрї расонд. Бењбудї дарёфта буд, ки пешрафти љомиа реша дар мактабу маориф дорад, аммо бо рўшанї дид, ки китобњои дарсиву усули омўзишу парвариш посухгўи ниёзњои љомиа нестанд. Аз ин рў вай барои чопи китобњои дарсї дар Самарќанд чопхона таъсис кард ва даст ба таълифи чанд китоби дарсї зад. Бењбудї соли 1911 нахустин намоишномаро навишт, ки мавзўъи он раќобат миёни бозаргонї бо шеваи суннатї ва бозаргонї ба шеваи навин буд. Вай ин намоишномаро соли 1913 дар Самарќанд ,Бухоро, Тошканд ва чанд шањри дигар ба иљро даровард. Вай аз апрел то сентябри соли 1913 нашрияи “Самарќанд”- ро њафтае ду бор дар ин шањри бостонї мунташир кард. Ин нашрия дар маљмўъ 45 шумора ба чоп расид. Сипас Бењбудї ба чоп ва нашри њафтаномаи “Ойина” пардохт. Бењбудї дар шаклгирии рўзноманигорї ва матбуоти тољик сањми боањамияте дорад.

Бењбудї мепиндошт, ки низоми аморати Бухороро метавон бо рушди илм, маориф, фарњанг, санъат ва иќтисод ислоњ кард. Аммо амир Олимхон на танњо ба тавсияњои љадидињо дар амри тарвиљи илм ва маориф таваљљуњнакард, балки поксозии љадидињоро ба роњ андохт ва дар солњои 1917 - 1918 даст ба ќатли оми њазорњо рўшанфикр зад. Ин амр мўљиби дигаргунии андешањои сиёсии Бењбудї шуд, ба тавре ки вай наљоти кишварро на дар ислоњи низоми аморати Бухоро, балки дар барандохтани он медид. Бењбудї моњи апрели соли 1917 ба унвони узви њайъати раисаи Шўрои умумии мусулмонон ва узви њайъати тањрири нашрияи “Њуррият” баргузида шуд ва дар майи соли 1918 комиссари омўзиш ва парвариши Самарќанд таъин шуд. Бењбудї дар моњи марти соли 1919 њангоми сафар дар Шањрисабз ба дасти авомили амир Олимхон дастгиру шиканља шуд ва саранљом ба фармони амир дар шањри Ќаршї ба ќатл расид.

Мушаххасоти њафтаномаи “Ойина”

Њафтаномаи “Ойина” дар андозаи 15 дар 25 бо хати настаълиќ дар Самарќанд мунташир шудааст. Нашрия матолиберо аз рўзномањои дигар низ иќтибос ва мунташир кардааст. Шеъри форсї дар сафњањои маљалла љойгоње чашмгир доштааст. Маљалла “дар Ќафќоз, Эрон, Туркия, Афѓонистон, Тотористон(бахше аз Русия), Њинд ва дигар кишварњои Осиё хонанда дошт. Насри форсии њафтанома омезае аз форсии куњан ва форсии мутаориф дар Эрону Афѓонистон бо лањљаи самарќандї, ки яке аз лањљањои ширини форсї аст, буда ва мутаассир аз њузури вожањои арабї ва русї мебошад. Аксари вожањои арабиро мадориси Бухоро ба кор мебурданд ва ќишри рўзномахон умдатан омўзиши

11


10

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

иљтимоъ

Мо пирамида насохтаем Роњбарияти “7 Бурљ” иддао дорад, ки фаъолияти ширкаташ дар чорчўби ќонун будааст

Р

оњбарияти ширкати “7 Бурљ”, ки ахиран фаъолияташ дар Тољикистон мањдуд шудааст, бо пахши як иттилоия “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро њам барои давлат ва њам барои шањрвандон муфид хонд. Дар иттилоия, ки роњбарияти ин ширкат дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, пањлўњои мусбати фаъолияти корхона зикр шуда, ваљњњое оварда шудаанд, ки гўиё ин ширкат «пирамида» нест. Дар иттилоия аз љумла омадааст: Ширкати “7 Бурљ” аз таърихи 25.01.2011 расман кор ва фаъолият менамояд ва маќсади фаъолияти он, додани маълумот доир ба тиљорати шабакавии худ, пешнињод намудани хизматрасонињои талаби замон - ќуввањои кории бекорхобидаро ба кор љалб кардан ва таъмин намудани мардум бо љойњои корї ва ба ин восита сатњи иќтисодї ва иљтимоии зисту зиндагонии мардуми тољикро баланд бардоштан, баланд бардоштани сатњи дониши мардум оиди омўзиши забонњои хориљї (русї ва англисї) ва курсњои компютерї ба тариќи ройгон ва курсњои ронандагї ба тариќи 50 фисад маблаѓгузорї мебошад, ки њамаи ин талаби замон аст ва на њама мардуми тољику тољикистониён метавонанд фарзандони худро бо забонњои талаби замон хононанд. Инчунин, дар оянда ширкат, боз љорї намудани омўзиши якчанд забонњои хориљии дигар ва касбњоро дар наќша дорад. Дар муддати фаъолияти дувунимсолаи худ ширкат тавонист њазорон одамонро бо љойи кор таъмин намояд (то имрўз шумораи муштариёни ширкат ба панљуним њазор нафар расидааст). Дуввум ин, ки њар як муштарии ба ширкат воридшуда дар муддатњои муайян аз даромадњои худ ба буљаи давлат андозњо месупорад. Саввум ин, ки њамаи кормандони воридгардида аз кори ширкат розї ва ќонеъ њастанд. Чањорум ин, ки ширкат њаќќи касеро нахўрдааст, балки дар чорчўбаи талаботи ќонунњои љорї кор ва фаъолият карда, ба тамоми муштариёни худ манфиат оварда истодааст. Далели ин гуфтањо ин аст, ки таи ду солу њафт моњи фаъолияти ширкат аз љониби муштариён ба маќомотњои дахлдор аризаи шикоятї пешнињод нагардидааст. Дар асри ХХI дар саросари љањон зиёда аз 9000 ширкатњои шабакавї фаъолият доранд. Аз он љумла 9-10 сол мешавад, ки дар Тољикистони мо низ чунин ширкатњои шабакавї бо муввафаќият кору фаъолият намуда, барои паст намудани сатњи бекорї ва камбизоатї мусоидат карда истодаанд. Ширкат дар тўли кори дуввунимсолаи худ ќариб ба дуввуним њазор одамон омўзишњои компютерї, забони англисї, русї ва ронандагиро додааст. Ширкат дар тўли мављудияти худ зиёда аз 700

000 сомонї (700 њазор сомонї) ба буљаи љумњурї андоз супоридааст. Соли гузашта, 2012, аз љониби Прокуратураи шањрї фаъолияти ширкат пурра санљида шуда буд. Дар натиљаи санљиш, Суди шањрии иќтисодї ќарор ќабул кард, ки дар фаъолияти ширкати “7 Бурљ” ягон нуќсон дида намешавад ва ширкат метавонад, ки фаъолияти худро давом дињад. Ширкат дар асоси ќонунгузории Тољикистон кору фаъолият мекунад. Ваќте, ки аз тарафи бонк омада кори моро санљида баромаданд, далел (факт) аз рўи маълумоти онњо ин буд ки гўиё мо бо асъори хориљї кор мекунем. Чун ширкат бо ширкатњои хориљї њамкорї мекунад, бе чуну чаро муомилот бо асъори хориљї сурат бигирад, ки љои бањс надорад. Барои бастани ширкати “7 Бурљ” ин асос шуда наметавонад. Санљишњое ки дар рафти фаъолияти ширкатњо гузаронида мешаванд, ба кору фаъолияти ширкат набояд халал расонанд. Аммо дар ваќти санљиши ширкати “7 Бурљ” аз тарафи маќомотњои санљишї, санљиш пурра ба итмом нарасида фаъолияти ширкат боздошта шуд. Магар бастани ширкат ба касе лозим буд? Магар ин ќонуншиканї аз тарафи маќомоти санљишї нест ё худ бастани фаъолияти ин ширкат ба кадом арзише набошад ба касе лозим аст. Дар ин њолат ягон даъвогар њуќуќ надорад, ки фаъолияти ширкатро манъ намояд. Танњо Суд ба тариќи судї њуќуќ дорад, ки фаъолияти ширкатро боздошт намояд.

Роњбарияти “7 бурљ” дар иттилоияи пахшкардаи худ чанд далелро пеш меорад, ки ин ширкат пирамида нест ва фиреби мизољон равона нашудааст: 1) Ширкатњои пирамидавї дар ягон мамлакат, ќонунї ба расмият дароварда намешаванд. Ширкати “7 бурљ”аз 25 январи соли 2011, расман тањти ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, фаъолият менамояд. 2) Ширкатњои пирамидавї дар ягон мамлакат, дафтари расми (офис) надоранд,фаќат бо як сомона (сайт)кор мекунанд. Ширкати “7 бурљ”дар якчанд шањру ноњияњои Љумњурии Тољикистон дафтарњои расмї (офисњо)дорад. 3) Фаъолияти ширкатњои пирамидавї аз якуним сол зиёд давомнокї надоранд. Ширкати “7 бурљ” 2 солу 7 моњ шуд, ки фаъолият дорад ва дар њоли васеъшавї дар њамаи ноњияњои кишвари азизамон аст. 4) Дар ширкатњои пирамидавї гардиши мол бо мањсулот, истењсолот ва хизматрасонињо вуљуд надорад Дар ширкати “7 бурљ” чанд намуд хизматрасонињо вуљуд дорад, инчунин ширкат бо ширкатњои мамлакатњои Аврупо (Олмон ва Чехия), њамкорї дорад ва мањсулотњои талаботи халќро бо стандартњои аврупої, њам дар Тољикистон ва њам дар дигар мамлакатњо,ба фурўш мондааст.

5)Дар ширкатњои пирамидавї, ба муштариёнаш оиди дар кадом самти тиљорат истифода бурдани маблаѓњо ягон њисобот дода намешавад. Дар ширкати “7 бурљ” аз рўзи аввали таъсисёбї, пешакї дар љаласањо муштариёнашро бо плани тиљоратї ба њар як номгўи мањсулот ё ягон тиљорат шинос менамояд. 6) Ширкатњои пирамидавї фаќат бо пули электоронї фаъолият мекунанд, ки дар мавриди вориди шахсони нав шудан, пулњояшон наќд мегардад. Дар ширкати “7 бурљ” њама муштариён корти бонкї доранд ва озодона метавонанд пулњои электронии худро ба бонк интиќол намоянд. 7) Дар Ширкатњои пирамидавї ягон шартнома байни муштарї ва ширкат ба имзо намерасад. Дар ширкати “7 бурљ” бо њар як муштарї, шартномаи дутарафа ба имзо мерасад. 8) Дар Ширкатњои пирамидавї ба маблаѓњои муштариён кафолат дода намешавад. Ширкати “7 бурљ” бошад ба њар як маблаѓи аслии муштарї, бо мањсулот додани маблаѓро кафолат додааст. 9) Фоидадињии ширкатњои пирамидавї на кам аз 300%-и солонаро ташкил медињад (дар як моњ на кам аз 20-25%) Дар ширкати “7 бурљ” аз 36% то 45% -и солонаро ташкил медињад, ки кафолати он бидуни фоида, яъне барои асли пул ва он њам на бо пули наќдї, балки бо мањсулот дода мешавад. 10) Дар ширкатњои пирамидавї љаласањои омўзишї бо муштариён, оиди тиљорати шабакавї гузаронида намешаванд. Дар ширкати “7 бурљ” њар њафта љаласањо оиди кори ширкат, пешравии ширкат ва муваффаќиятњои муштариён гузаронида мешавад. 11) Дар ширкатњои пирамидавї, дар мавриди муфлисшавї ё бастани ширкат, маблаѓњои муштариён баргардонида намешаванд. Дар ширкати “7 бурљ” дар ин њолатњо, тамоми асли маблаѓњои муштариён бо мањсулоти талаботи мардум, баргардонида мешаванд. Дар хулоса, фаќат намуди тиљорати шабакавии ширкати “7 бурљ” аз рўи маркетинги љањонї ба шакли пирамидавї (аз боло ба поёнро)нишон медињад, ки чунин шакли аз боло ба поёнро, ќариб њамаи сохторњои тиљорати (заводу фабрика, корхонањо ва ѓ.) доранд, ки ин асоси Пирамидаи молиявї будани Ширкати“7 бурљ”-ро исбот карда наметавонад. Роњбарияти “7 бурљ” пешнињод дорад, ки «барои санљиши њаматарафаи кори ин ширкат комиссияи махсус ташкил карда шавад, ки пас аз омўзиши њаматарафаи фаъолияти ширкат ба хулоса ва натиљае бирасанд.» Ба гуфтаи роњбарияти ширкат монеа эљод намудану садд гузаштанњо боиси дилсардии соњибкорону тољирон ва муштариёне мегардад, ки аллаккай самараи мењнати худро чашидаанду соњиби љойи кор ва даромади бонизом гардидаанд: “Бори дигар аз маќомоти дахлдор хоњиш ба амал оварда мешавад, ки њарчї зудтар “мўйро аз хамир људо намуда”, барои фаъолияти минбаъдаи ширкат заминаи мусоид фароњам оранд.” Ин дар њолест, ки ба ин ширкат шањрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблаѓи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегарданд. Онњо шањрвандони дигарро низ ба ин ширкат љалб месозанд ва аз маблаѓи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд. Маќомоти тољик аз он нигаронанд, ки фаъолияти ин ширкат ба фиреби муштариён равона шудааст ва талаб дорад, ки роњбарият маблаѓњои гирифтаи шањрвандонро бозпас дињад.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

11

таърих 9 мадрасаї доштанд ва вожањои русиро дар он замон дастгоњи девонии импротурии рус ва муассисоти санъатї дар Бухоро истифода мекарданд. Аз ин рў нашрия ногузир ба корбурди ин вожањо буда. Ба таври кулл, насри форсии њафтанома ба раѓми ин ки пешинаи садсола дорад, равону ќобили фањм аст. Забони бисёре аз навиштањо содда аст ва ин амр заминаи нуфузи онро на танњо дар миёни гурўњњои равшанфикрїафзоиш дод, балки мизони таъсиргузории онро дар миёни лояњои камсаводи љомиа боло бурд. Насри “Ойина” иффати калом, њурмат ва иззати ќаламро нигањ дошта, ва аз ба кор бурдани ибороти мустањљин( зишту шармовар) дурї намуда ва ба таври кулл аз иттињому ифтиро( дурўѓ, тўњмат), захми забону истењзо парњез намуда. Таљаддугароёни маъруфи он замон, аз љумла, Саидризо Ализодаи самарќандї, Абдуррауфи Фитрат, Мирзо Сирољи Њакими Бухорої, Сиддиќии Аљзии самарќандї, Садриддин Айнї... ва дигарон дар њафтаномаи “Ойина” маќола навиштанд.

Мењварњои асосии њафтанома

Дар маќолањои “Ойина” масоили муњими иљтимої њамроњ бо назари дастандаркорони он бозтоб ёфааст. Андешањо ва дидгоњњои нашрия пеш аз њама мутаассир аз нањзати љадидињои Бухоро ва љубиши таљаддудхоњии минтаќадар њамон давра буд. Аз ин рў, ошно шудан бо дарунмояи навиштањои њафтаномаи “Ойина” дар амри шинохти андешањо ва дидгоњњои гардонандагони маљалла, ки бозтобдињандаи назариёти рўшанфикрони Бухоро дар њамон барња буд, кўмак мекунад ва њамчунин дар амри шинохти масоили љиддии матруња дар њамон давра. Мусалламан ин амр барои пай бурдан ба авзоъву ањвол ва муносиботи иљтимої - сиёсии ду дањаи нахусти садаи бистуми аморати Бухоро боањамият аст. Маќолањои њафтаномаи “Ойина” умдатан мазўъњои зеринро дарбар мегирад: таъмими улум, тарвиљи маориф, гушоиш ва ислоњи макотиб ва мадорис, пешрафти иќтисодї, мубориза алайњи љањл, хурофаписандї ва одоти нописанд. Аммо масъалаи мењварии њафтанома масъалаи ислоњи низоми омўзиш ва парвариш дар аморати Бухоро буд. Албатта, ислоњи низоми омўзишу парвариш дар он замон яке аз ањдофи љиддїва барљастаи мањофил ва гурўњњои рўшанфикр ва ислоњталаб дар минтаќа ва аз љумла, дар аморати Бухоро буд. Маорифпарварї дар Бухоро решањои таърихї дорад ва ба сухани Муњаммадљон Шакурї “яке аз муњимтарин хусусиёти рўшанфикрии тољикї ин аст, ки идеали маорифпарвариро аз таърихи миллат, аз таърихи фарњангу маънавиёти вай љуст ва пайдо кард”. Аммо ба раѓми чунин гузаштаи таърихї дар Бухоро, аз љумла дар Самарќанд мадорис вазъи нобасомоне дошт ва теъдоди босаводон ва шогирдони мадорис андак, шеваи омўзиш кўњна, кайфияти он дар сатњи нозил ва амри фарогирии улум мањдуд буд. Маорифпарварони Бухоро мехостанд шабакаи мадорис густариш ёбад, кайфияти тадрис бењбуд њосил кунад, шеваи тадрис љадид шавад ва дар мадорис таъриху љуѓрофиё, њисобу улуми табиї дарс дода шавад. Онњо пофишорїдоштанд, ки бидуни тадрис ва фарогирии ин улум пешрафти љомиа имконнопазир аст. Њафтаномаи “Ойина”, ки бозтобдињандаи андешањо ва дидгоњњои маорифпарварони Бухоро дар њамон барња буд, усули омўзиш ва парвариш, кайфият ва шеваи тадрисро дар мадориси Бухоро ба наќд мекашид ва амри таъмими(умумият додан) илм, ишоъаи маориф(рушду инкишоф) ва гушоиши мадорисро як амри “диниву миллї” медонад ва наќши маорифро дар бедории мардум ва мубориза алайњи љањл, хурофаписандї ва инкишофи љомиа барљаста месозад. “Ойина” дар ин росто на танњо хонандагони хешро ташвиќ ба омўхтани улуми табиї ва иљтимої ва ашоъаи маорифу ислоњи мадорис мекунад, балки дар ин замина пешнињодњои мушаххасро барои амири Бухоро ва дастгоњи идораи он ва гурўњњои рўшанфикрии аморати Бухоро ироа мекунад. Њафтанома дар шумораи саввум зери унвони” Моро ислоњи мадорис ва макотиб лозим аст” њама бадбахтињоро аз набуди “мадорис ва макотиби мунтазама(дуруст танзимшуда)” медонад ва таъкид мекунад, ки њеч миллате ва њеч тоифае тараќќї ва пешрафт накардааст магар дар сояи мадорису макотиби мунтазама... Аммо дар мактабњои мо шогирд 7- 8 сол дарс хонда, номи худро базўр( ба душворї) навишта метавонад... Дар њоле ки солњост, ки мусалмонони соири мамолик дараљаи лузум ва ањамияти макотиби(мадорис) љадидаро дониста... дар њар шањру ќария( русто) онро доир намуда, рўз ба рўз ба такмили он мекўшанд, аммо

Замона ва корномаи њафтаномаи “Ойина” мо...на танњо макотиб ва мадорисиљадид таъсис наменамоем, балки онњоро њанўз бидъат ва њаром мешуморем... “Ойина” дар шумораи њафтум ин бањсро идома дода ва зери унвони “Илм ва тараќќї” навишт: “Тараќќии њар миллат вобаста ба илм аст... Њар миллат, ки тараќќї кардааст, ба воситаи илму маориф ва ба сабаби њунару саноеъ аст...Њикмат ва маърифатро дар њар љо дидед, ахз кунед. Таълимдињанда хоњ муслим бошад, хоњкофар...” “Ойина” ба дабистон, ба омўзишу парвариши навбовагон(кўдакон) таваљљўњи љиддї дошта ва таъкид карда: “Тараќќї намудани њар миллат вобаста ба илм аст ва аввалин љойи тањсили илм мактаби ибидої( дабистон) аст...ва лозимтарин вазоиф ва вољибтарин таколифи инсон таълиму тарбияти навнињолон аст” . Њеч миллате тараќќїнахоњад кард магар бо ислоњи макотиб ва мадорис . Макотибу мадорис њам ислоњ нахоњад шуд магар мувофиќ ба замони њозир...” Њафтанома омўхтани забонњои хориљї, аз љумла, русї ва фаронсавиро зарур медонад ва назарияи онњоеро, ки омўхтани забони русиро гуноњ медонанд, интиќод ва таќбењ мекунад. Нашрия дар њамин робита таъкид мекунад: “Забони русиро, ки аз љињати равнаќи тиљорат ва саноат ва бењбудии умури зиндагонї ва маишатамон ба вай мўњтољ ва маљбурем”, бояд омўхт. “Ойина” њукумати Бухороро дар иљрои салоњият ташвиќ мекард ва аз амир Олимхон даъват кард, ки дар арсаи ислоњи омўзиш ва парвариш ислоњотро амалї созад. Дар њамин росто њафтанома дар шумораи 8 соли 1915 зери унвони “Иќдомоти ислоњкоронаи њукумати Бухоро” навишт : “Муддатест бо камоли љиддият њарчи садо доштем, фарёд кашида, лузуми ислоњи мадраса ва мактабњоро ба пешгоњи миллат арз кардем...то ќалам роњ мерафт, навиштем...ки агар мактабњоямонро мутобиќи таќозои замон ислоњнакунем, аз муњофазаи њаёту шарафи миллияи хеш ба куллї ољиз хоњем монд... Ин њама фарёдњои мо бетаъсир намонд. Дар дили зумрае љавонони мутафаккир наќш баст. Имрўз дар њар гўшаи мамлакати мо хеле хеле тараќќихоњон ва ислоњталабон пайдо шуда, ки машѓули њаракати ислоњкоронагардиданд...” Аммо амири Бухоро ва дарбориёни ў на танњо гўши шунаво барои шунидани пешнињодњои ислоњии маорифпарварон ва ислоњталабони Бухоро надоштанд, балки ин пешнињодњоро ба њоли иќтидори њокимияти худ музир медонистанд. Дар чунин авзоъ ва ањвол њафтанома зери унвони “Чаро асар намебахшад?” навишт: “Ба раѓми ин ќадар бањсњо, маќолањо, ашъор дар бораи омўхтани илм ва тарвиљи маориф(ки дар “Ойина” ба нашр мерасад) дар амал њеч таъсир надорад. Дар њоле ки тараќќии њар миллат зодаи илм аст ва зиллати њар миллатзодаи љањл аст. Мардуми дунё њар рўз дар тараќќї, мо маъкусан(баръакс) дар таназзул” . Њафтанома пайваста кўшиш карда, ки кишварњои исломиро дар арсаи маориф мисол биёварад ва Бухороро бо онњо муќоиса кунад. Аз љумла навишт: “Дар кишварњои исломии Туркия,Миср, Марокко, Эрон, Афѓонистон,...њукумат ва уламо дар садади боз кардани мактаб њастанд, аммо дар Бухоро баръакс. Њукумат ва уламои Бухоро ду ва се мактабро, ки љавонони боѓайрати Бухоро дар хонањои худњо боз карда буданд, баст ва ин баста шудани мактабро виљдони њеч як аз њукумот ва уламои исломияи кураи замин ќабул нанамуда буд. Хеле амри аљиб ва боъиси гиря аст...кўдаконро аз донистани зарурияти диния ва таълими њисоб ва таърих ... манъ намудан...” Яке аз њадафњои маорифпарварон нигањдории мероси адабї, илмї ва фарњангии Бухоро аст. “Ойина”гилоя дорад, ки чингизиён китобњои илмии моро сўхтанд ва фарангиён онњоро ба китобхонањои худ интиќол доданд ва аз он истифода карданд. Њафтанома навишт: “То имрўз фарангиён китобњои кўњнаи моро ба нархи аъло аз мо мегиранд ва ме-

баранд?” Њафтанома ќочоќи осори адабї ва таърихии Бухороро ба Ѓарб интиќод мекунад ва пешнињод медињад, ки њукумат аз меросњои таърихии Бухоро посдорї кунад. Мубориза бар зидди хурофаписандї, љањолат ва суннатњои нописанд Вопасмондагии љомиа , сатњи поини савод ва пеш аз њама, сиришти истибдодии низоми амирони Бухоро порае аз суннатњои нописанд ва одоти музирро дар љомиа эљод карда буд, ки гурўњњои васее аз мардум ба он бовар доштанд. Ин боварњои хурофї ба масобаи неруи сахтљон ба унвони монеъ дар роњи асрисозї ва рушди љомиа амал мекарданд. Амиру муллоњои муњофизакор кўшиш мекарданд, ки мардуми одиро дар љањлу хурофаписандї нигањдоранд. Њафтанома хурофаписандї, љањолат ва суннатњои нописандро интиќод мекунад. Ба назари маљалла, «љањолат яъне бесарватї, беќувватї, бадбахтї, гумроњї, фалокат, зиллат, монеъи тараќќї,…аст, ки моро ходим ва нўкари бегонагон сохта… љањолат душмани бузурги мост. Бухоро замоне маркази улум буд, вале њоло дар љањолат ѓарќа аст…» «Ойина» расму ривољи издивољу њазинаи сангини онро интиќод карда ва онро боъиси анвои фањшо медонад ва њамчунин маросими пурњазинаи хоксупорї ва фотињахониро низ интиќод мекунад ва мардумро ба таркиљањолат, суннатњо ва одоти нописанд тарѓиб менамояд.

Номгузории фарзандон

Гузиниши номи некў ва бомаънї, зебо ва хушоњанг барои фарзандон дар њама фарњангњо аз ањамияти вижае бархурдор аст. “Ойина” дар њамин робита зери унвони “Ном нињодани бачагон” ба ин мавзўъ пардохта: “Банда дар мактаб муаллим њастам. Чун атфол ба мактаб барои хондан меоянд, аз исми онњо суол менамоям...(Бархе) љавоб медињанд, ки Умурќулї, Болтаќулї, Љўраќулї, Эшмурод, Тошмурод ва амсоли ин гуна номњо мешунавам... Ин номњои хуб барои бачањо нест...Бар мо лозим аст,ки ба фарзандони худ номи некў ва бомаънї гузошта, ин њаќро аз гардани худ соќит намоем...” Номгузории фарзандон як мавзўъи муњими иљтимої ва таърихї аст, ки диќќат ва таваљљуњи љиддиро металабад. Гузиниши ном, номи хонаводагї ва тахаллус намояндагї аз сатњи огоњии инсон аз фарњанг, таърихи миллат ва сарзаминаш мекунад. Ононе, ки ба таърих ва фарњанги хеш алоќаманд њастанд, ба сўйи номњои форсї, номњои “Шоњнома”- и Фирдавсї, номњои мењанї... рўй меоваранд... Агар мо ба фарњанг ва таърихи худ нигоњ кунем, боњазорон номи зебо ва бомаънии форсї бармехурем. Номи фарзандон аз як сў бояд зебо, гиро, пурмаънї, хушоњанг ва кўтоњ буда, аз сўйи дигар, реша дар фарњанг ва таърихи мардумони мо дошта бошад. Аз гузиниши номњои хурофї, бемаънї, ѓуломона, зиллатпазир...бар навзодон парњез кард. Номњоеро бояд барои навзодон баргузид, ки ба амри худшиносї, худогоњї ва худбоварии онњо мадад расонад. Хушбахтона, дар чанд дањаи пасин рўйгарди хонаводањо ба номњои тољикї, эронї, хуросонїва дар як вожа форсї машњуд аст, аммо њанўз роњи дароз пеширў аст. Носири Хисрави Балхї мегўяд: Номи некў гузин, ки бад - он чи бихонамат Дар дилат шодї ояду дар љонат хуррамї.

Чанд матлаби дигар

“Ойина” шеваи гуфтугўро бо хонандагон ба кор бурда ва номањои ононро мунташир карда. Номањо бештар дарбаргирандаи пурсиш, пешнињод ва интиќод буданд. Нашрия ба бархе аз номањо посух дода. Дар пушти њафтанома пайваста шуморе аз китобњои форсї бо ќиматњои он мунташир шуда. Ин китобњоро алоќамандон метавонистанд аз идораи “Ойина” ба даст оваранд. Дар пушти яке аз шуморањои њафтанома номи китобњои зерин омадааст: “Шањнома”, куллиёти Низомї ва Бедил, “Маснавии шариф”( Маснавии маънавї), “Хат ва хаттотон”, “Таърихи Эрон”, “Таърихи Эрони бузург”, рубоиёти Мавлоно, “Таърихи

Бахтиёрї”, “Усули илми љуѓрофиёи мусаввар”, дастури забони форсї, “Њаќиќнома”, “Њайъати љадида”, “ Таќвими Эрон”... Нашрияи “Ойина” дар шароите мунашир мешуд, ки фарњанги рўзномахонї ва навиштани маќола дар рўзномањо дар он барња дар сатњи нозил ќарор дошта аст. “Ойина” дар њамин робита чунин навишта: “Баъзе аз соњибмансабони(кормандони аршад) њукумати Бухоро аз идора хоњиш медоранд, ки имзои онњо мањфуз бошад, чунки дар Бухоро маќоланависї ва ё матбуотхонї аз љумлаи ќабоењ њисоб мешавад...”

Мунозира

“Ойина” барои бештари ањдофи худ шеваи мунозираро ба кор бурдааст. Пеш бурдани мунозира, диолог, пурсишу посух дар сафњањои рўзномањо яке аз шевањои шинохташуда барои баёни афкор ва эътироз алайњи душворињо ва нобасомонињои иљтимої аст. Њафтанома аз ин шева истифода кардааст. Дарунмояи мунозирањои њафтаномаи “Ойина” умдатан бар мењвари илму љањл, маориф ва бесаводї устувор аст. Дар ин љо тикањоеро аз “Мунозираи ќадимї бо љадидї” меоварем. Дар мунозира њафтанома кўшиш мекунад ба ду пурсиш посух бидињад: “Чаро иддаеро љадидї мегўянд?” ва “Чаро забони русиро бояд омўхт?” Мунозира чунин оѓоз мешавад: “Ќадимї: Бародар, шуморо чаро љадидї мегўянд? Љадидї: Љадидињо мехоњанд, ки ба кўмаки Ќуръон ва аз рўйи иќтизои замон њар гуна улум ва фунуни љадидаро биёмўзанд, њамчун: фалсафа, љуѓрофиё, њисоб, њандаса, тиб, таърих... забонњои русї, фаронсавї, англисї ваѓайра...Инак, бинобар њамин љињат моро љадидї меноманд. Ќадимї: Њар касе, ки забони русї ёд мегирад, кам -кам ахлоќаш фосид ва эътиќодаш аз байн суст мешавад... Љадидї: То њол њеч кас аз донистани забони русї ...кофар нашудааст ва нахоњад шуд...Њоло ки њукмрони мамлакат ва омири мо рус аст, на танњо забони ўро , балки низ хату ќонунњои ўро донистан лозим аст...”

Сухани фарљом

Њафтаномаи “Ойина” дидгоњњои “љадидињо”- ро пеш аз њама бозтоб дода ва “ ...бењтарин нашрияи мањаллии Осиёи Миёна пеш аз инќилоби Уктубар будааст” . Ин њафтанома нашрияе буд сиёсиву иљтимої ва бештар ба масоили густариши маориф, ислоњи мактабњо ва мадорис, саводомўзї, донишандўзї ва омўзиши улуми динї ва дунявї , омўзиши забонњои хориљї, љустуљўи роњу чора барои илољи дардњои љомиа, ободии Ватан, бедории миллат ва мазаммати аќоиди хурофї пардохтааст. Њафтанома кўшиш карда, ки бухороиёнро бо тамаддуни љањонї ошно созад ва бар ин бовар буд, ки мардум бояд сохторњо ва ќавонини давлатмадории кишварњои дигарро бидонанд. “Ойина” ба таљрибаи пешрафт ва таљаддуд дар Љопон таваљљўњ дорад ва аз пешрафти ин кишвар дар њавзањои мухталиф, аз љумла, тараќќии илм ва матбуот ёд мекунад. Ин нашрия, ки дар остонаи тадоруки љанги љањонии аввал мунташир мешуд, ба масоили љанг низ пардохтааст ва далели шўълавар шудани онро дар тањаќќуќи давлатњои гуногун медонад “Ойина” дар набуди низоми матбуотї ва ќонуни матбуот, яъне дар фазое, ки дастур ва фармони амири Бухоро ќонун буд, муташир мешуд. Умдатарин душвории фаъолияти нашрия мављудияти фазои мустабид ва ихтиноќ ( нафасгир) буд. Андешањои рўшанфикронаи “Ойина” бо эътирози сахти баъзе аз муллоњо рўбарў шуд ва онњо нашрияро ба инњироф аз масири(роњ) ислом муттањам карданд. Њафтаномаи “Ойина” аз 20 августи соли 1913 то 15 љуни( июн) соли 1915, маљмўъан 68 шумора чоп ва мунташир шудааст. Њамин 68 шумораи њафтанома асноди арзишманди иљтимої, сиёсї ва фарњангии он рўзгор аст.

Наљми Ковиёнї, корманди илмии Пажуњишкадаи байнулмилалии таърихи иљтимоии Амстердам


12

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

ёднома Ваќт довари давру замон аст. Ин нерўи бузурги зиндаггї дар њар чї мо бунёд менамоем ва аз худ боќї мегузорем, наќши худро мегузорад. Дар муќобили бузургии ВАЌТ умри инсон дурахше асту бас. Вай як нуќтаи басо хурд аст, њарчанд ки инсон беш аз сад сол умр бибинад. Бо вуљуди ин дар ин љањони гузарон инсонњое њастанд ва буданд, ки аз худ наќше мегузаранд, басо шоиставу сабаќомўз ва ќобили пайравї. Шодравон Отахон Латифї аз љумлаи чунин инсонњост....

Даруни синааш сад орзу буд Давлати Даврон, рўзноманигор

В

ай дар зиндагї ба дигарон монанд набуд. Њамчуноне ки аз айёми мактабхониаш хуб мешиносам, ширинзабон, дидадаро, дилёб, хушсўњбат љавонписаре буд. Солњои панљоњуми асри гузашта вай дар мактаби миёнаи 1, ба номи Сталин тањсил менамуду мо њамасолони ў дар омўзишгоњи педадгогии шањри Панљакент. Њанўз њамон солњо ба хонаи онњо, воќеъ дар гузари Шафтолузор, рафтуо доштам. Вай мактабхон буду фориѓ аз дарсњо дар колхози ба номи Карл Макс аробакаш шуда мењнат мекард. Њол он ки оилаи онњо яке аз оилањои дорову дастурхондори шањр буданд. Амаки Латиф сардори идораи саводои шањр буданду холаи Ойтилло яке аз занњои соњибэњтироми шањр. Вале Отахон аз њамон солњои мактабхониаш мењнат кардану ба ќадри мењнати дигарон расиданро дар худ парварида буд. Баъд ба Ленингарад рафту касби рўзноманигориро њастии хеш ќарор дод. Мо бо њам баъди дањ сол дар бинои редаксияи “Комсомоли Тољикистон” ва “Комсомолец Таджикистана” воќеъ дар кўчаи Свириденкои собиќ (њоло Бухоро) рў ба рў омадем. Вай он ваќт дар редаксияи “Комсомолец Таджикистана” кор мекарду маро акнун ба идораи рўзномаи “Комсомоли Тодљикистон” ба кор гирифта буданд. Њар ду рўзнома дар як бино воќеъ гардида буду њар рўз њамдигарро медидем, вале њар кадом саргарми кору бори худ буд. Аз байн чанд ваќт гузашту Отахон ба зодгоњаш рафт ва дигар ба идораи “Комсомолец Таджикистана” наомад. Сабабашро аввалин шуда шодравон муњаррири “Комсомоли Тодљикистон” Абдулло Зокиров фањмида гирифт ва љонишинаш Н. Табаров ва мудири шўъбаи рўзнома Бахтиёр Муртазоевро наздаш хонда, аз онњо хоњиш намуд, ки ба Панљекент сафар карда, ба кадом роње набошад, Отахонро њамроњ гирифта биёранд. Латифї ба кори рўзнома баргашт ва ин дафъа на ба рўзномаи “Комсомолец Таджикистана”, балки ба “Комсомоли Тодљикистон”. Отахон маводњои худро ба забони русї менавишт ва мо кормандони “Комсомоли

Тодљикистон” онро бо забони тољикї бармегардонем. Баъзан чунин њам мешуд, ки тарљума писандаш намеомад ва њатто дар сањифаи рўзнома пеш аз чоп худаш тањрир менамуд. Профессор Иброњим Усмонов дар маќолааш “Соњиби ќалами њаќиќат” (“Зиндагї”, 23.02.06) дуруст ёдовар шуда аст: -Аз ростї, дар он замон ва то охири умр њам такаммули тољикии Отахон Латифї такаммули хаттї не, балки гуфтори халќии тољикї буд. Тавре набуд, ки рус тољикї мегўяд,... не Отахон ин хел гап намезад, тољикии ширин дошт, аммо халќї. Вале русиаш чунон адабї буд, ки на њар рус чунин гуфтаву навишта метавонист. Дар хотир дорам, боре муњаррирамон Абдулло Зокиров маро наздаш хонда, дастхатеро ба сўям дароз намуда, афзуд: -Хону маќолаю маќоланависро ёд гир, баъд онро тарљума намо. Бисёр чизњо меомўзї! Дар чанд сањифа ду маќола зери як сарлавња “Рамзи љовидонии инсон” навишта шуда буд, ки яке аз њаёти раиси аз дасти душманони солњои сиюми асри гузашта дар дењаи Тўдаи Њисор ќатлкардашуда Мирзо Ризо ва дигаре аз кору бори сардори бригардаи комсомолону љавонони колхози “Съезди XXII партия”, ноњияи Ленин Мирзоалї Ризоев ќањру ѓазаби мардумро ба миён оварда буд. Ба фикрам, падари Мирзоалї номи фарзандашро барои поси хотири њамон комсомоли шердил нињода бошад”. (рўзномаи “Комсомоли Тољикистон”, 18.06.1987). Аз байн чандин ваќти зиёде нагузашту Отахон Латифиро ба рўзномаи бонуфузи он давру замон, ки имрўз њам яке аз серхонандатарин рўзномањои љањон ба шумор меравад, ба “Комсомольская правда”ба сифати мухбири махсуси газета дар Тољикистону Узбакистон ба кор гирифтанд. “Памир без эмоций” чунин ном дошт аввалин маводе, ки бо имзои Отахон Латифї дар “Комсомольская правда” чоп шуда буд. Вай нахустин журналисти русзабон (аз тољикон) дар ин рўзнома гардид. Отахон аз рўзњои аввали кораш дар ин рўзномаи теъдоди зиёди

хонандагонро дарбар мегирифта, ки дар арсаи байналхалќї соњибнуфуз буд, тавонист масъалањои доѓи рўзро далерона кушоду равшан, бо тамоми пањлўњояш иншо намуда, дар рўзнома чоп намояд. Соли 1973 ўро ба рўзномаи ”Правда” ба кор гирифтанд, ки вай то соли 1989, расо 16 сол вазифаи хеле пуршараф ва дар як ваќт басо масъулиятнок мухбири махсуси “Правда”-ро дар Тољикистон ба љо овард. Вай соњибќалам буд, ќалами бурро дошт, њама имтиёзњоро соњиб буд, танњо як имтиёз надошт, њуќуќи дурўѓ навиштан надошт. Ба ин чиз виљдонаш рањ намедод. Бо гузашти солњо бастањои рўзномањои “Правда”-ро вараќгардон мекунам, навиштањои Отахон Латифиро такрор ба такрор мутоила менамоям. “Сарбанд”, “Ќимати рекорд”, “Шањр бояд ба боло ќад кашад”, “Гуфтугўй ошкоро”, “Сабаќи Душанбе”, “Фикри меъмор чї хел?”, “Характеристика”, “Тактика ва стратегияи комплекс”, “Ќишлоќ дар Душанбе” ва ѓайраву дигарњо њар яке ба масъалањои муњими рўзро фарогир буданд ва баъзе аз онњо имрўз њам ањмияти хешро гум накардаанд. Масалан, 25 ноябри соли 1986 дар “Правда” зери сарлавњаи “Три председателя, живущие по совети” чоп гардидааст, ки вай дар бораи рањим Аслиддинов собиќ раиси колхози ба номи Орљоникидзе, Барот Султонов -собиќ раиси колхози “Замњматобод”, Мунаввар Пиров собиќ раиси колхози “Россия” наќл мекард. Ин се хољагї –хољагињои аз љињати иќтисодї пешќадаму овозадори љумњурї набошанд њам, вале мардуми мењнатќаринаш тањти сарварии ин се раиси њалолкору шикастанафс ба сўи пешрафту дигаргунињои њаёти иљтимої ќадам мезаданд. Отахон Латифї кам маќолаи таърифї менавишт, њар як чакидаи хомаи ў пробле-

маи рўз, њалли мушкилот, баёнгари роњњои њаллу фасли он буд. Танњо гуфтани он ки “ин маводро Латифї нанавиштааст”- кифоя буд, ки боз дар оянда як гирењ кушодаву як масъала њалли худро ёбад. Хизмати Латифї пеш аз њама дар он буд, ки ба воситаи рўзномаи бонуфузи баландпоя- «Правда” ба миллионњо нафар хонандагони собиќ Иттињоди Шўравї ва бурунмарзї дар бораи тољикон ва Тољикистон, дар бораи имрўзу фардои он њикоят мекард, зеро ў кишвари худ ва мардуми онро медонист ва аз таъриху маданияти он хуб огоњї дошт. Соли 1989 ваќте ки Отахон Латифї дар ќатори дигар довталабон номзадии худро ба депутати Шўрои Олии СССР пешбарї намуда буд, Лоиќ (руњаш шод бод) чунин навишта буд: Куљое Отахон бошад, рафоќат њаст, Куљое Отахон бошад, садоќат њаст. Латифиро ба чашми кам мабинед, Латифї њар куљо бошад њаќиќат њаст. Устод Лоиќ сад дар сад њаќ буд, зеро Латифї њамеша дар роњи њаќ ќадам менињод, барои вай аз хизмати халќ дида баландтар шарафе набуд. ў тамоми њаёт њамеша зидди ноњаќќї, беинсофї, ноадолатї, номардию каљрафторї мубориза мебурд. Вай то охири умр то њамон соати фољиабори субњи 22 сентябри соли 1998, якрўю якќавла умр ба сар бурд ва дар дил садњо орзуњо нињон дошт. Аммо вањшиёна кушта шуданаш на танњо ањли оила, хешу таборон, ёру рафиќон, балки ќалби њазорњо нафар мухлисони ќалами ўро дар тамоми кишварњои љањон, ки вайро њатто ѓоибона мешинохтанд, хун гардонд. Зеро ў бо навиштањои худ дар дили мардум аз худ наќши накўю накукорї ва покию покизакорї, намунаи ба халќу Ватан хизмат карданро боќї гузоштааст.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013 13

таноќуз

Ихтилофи Амрико бо демократия

Зоњиран демократия он чизе аст, ки амрикоњо мегуянд, бо равише ки давлатмардони амрикої дар пеш гирифтаанд, демократия замоне аз сандуќи раъй берун меояд ва замоне, дигар бо табаддулот ва дахолати низомї њосил мешавад.

М

уносибати дугуна бо масъалањо, дар тору пуди сиёсатњои давлатмардони амрикої танида шуда, сиёсатмардони њеч кишваре ба андозаи Амрико аз зарурати озодии баён ва аќида дам назадаанд ва ба андозаи њамонњо њам барои зери по нињодани он талош накардаанд.Ин иллат њам дорад. Дар љое, ки манофеи онњо эљоб мекунад, аз мафњуми озодии баён ва аќида ба ун вони абзоре барои пешбурди ањдофашон бањра мељўянд ва дар љои дигар, бо асосноккунии аљиби худ, ин озодињоро аз њамон мардум мегиранд. Ин мољаро дар љанги Сурия комилан ќобили эњсос аст. Дар њоле, ки то пеш аз шурўъи ин буњрон, њамвора баргузории интихобот ба унвони бењтарин намуди иљрои демократия дар кишвар ба шумор меомад ва номи фарде, ки аз сандуќ берун меомад, њуљљатро бар њама тамом мекард, аммо зоњиран бо шурўъи задухўрд миёни њомиёни Башор Асад ва мухолифонаш ва низ табаддулоти артиши Миср алайњи Муњаммад Мурсї, раиси љумњури мунтахаби ин кишвар, ин мафњум низ таѓйири маъно додааст. Шоњиди ин муддао, суханони Барак Обама, раиси љумњури Амрикост, ки гуфт: «Демократия танњо ба сандуќњои раъй нест, балки ба нањваи бархурд бо аќќалиятњо бастагї дорад ва ин ки њар кас бояд эњсос кунад, ки дар кишвар садое дорад, ки шунида мешавад».

““

Амрикоињо њатто истифодаи давлати Димишќ аз таслињоти кимиёиро хати сурхи худ ќарор додаанд, то дар замони лозим битавонанд аз он ба унвони бањонае барои дахолати низомии ошкор дар Сурия бањра бигиранд.

Љорї шудани ин суханон бар забони раиси љумњури кишваре, ки иддаогари озодии баён ва аќида ва низ дифоъ аз њаќќи ќонунии мардум аст, ба њаде аљиб буд, ки садои Раљаб Тайиб Урдуѓон, нахуствазири Туркияро даровард. ў дар вокуниш ба изњори назари Обама гуфт: «Алъон Ѓарб мегўяд демократия ин нест, ки номе аз сандуќи раъй берун биёяд, ё њадиаќќал фаќат ин нест, ки як ном аз сандуќи раъй берун ояд, аммо њама медонем, ки он чи аз сандуќи раъй бармеояд, дарвоќеъ њамон хостаи мардум аст».

Амрико чї мехоњад?

Аммо решаи ин таззодро бояд дар тамоюли Амрико барои аз миён бардоштани яке аз мењварњои муќовимат дар минтаќа љустуљў кард. Барои расидан ба ин манзур аст, ки дар ду солу анде аз шуруъи даргирињои Сурия, амрикоињо кумакњои њамаљонибаи худро равонаи Сурия кардаанд, то бо таќвияти мухолифон, заминаи фурупошї ва суќути низоми Башор Асадро фароњам созанд. Амрикоињо њатто истифодаи давлати Димишќ аз таслињоти кимиёиро хати сурхи худ ќарор додаанд, то дар замони лозим битавонанд аз он ба унвони бањонае барои дахолати низомии ошкор дар Сурия бањра бигиранд. Дар њоле ки борњо ахбори зиёде дар бораи ба коргирии силоњњои кимиёї мунташир шуда буд, аммо акнун дар ин замон, амрикоињо аз тасмими худ барои иќдоми низомї алайњи давлати Асад сухан ба миён овардаанд. Шояд яке аз сабабњои ин тасмим фармоишї шудани љанг дар Сурия ва суст шудани тавони гурўњњои шўришии мухолиф бошад, ки дучори чанд дастагї ва ихтилоф низ шудаанд. Аммо нукта ин љост Обама, ки замоне њар гуна њамла ба Сурияро ба равшан шудани ќатъияти наќш доштани артиши Сурия дар ба кор- гирии

силоњњои кимиёї вобаста карда буд, акнун дар њоле тасмими худро барои дахолати низомї дар Сурияро эълом кардааст, ки тими бозрасони Созмони милал тоза амалиёти тањќиќ дар бораи њамлаи њафта гузашта дар атрофи шањри Димишќро оѓоз кардаанд ва њануз мушаххас нашуда аст, кадом тараф масъули ин љиноят буда аст!

Як назар ба њаводиси Сурия

Иллати ин кор њам нуктае аст, ки Навом Чомскї, тањлилгар ва андешманди амрикої ба хубї онро шарњ дода аст. ў дар ин бора гуфта: Амрико бо њар њаракати демократї дар љањон мухолиф аст. Иллати он низ ин аст, ки Амрико тамоюле ба эљоди низомњои демократии мухолиф бо сиёсатњои худ надорад, Амрико ба иллати сиёсатњояш дишманоне дар тамоми љањон дорад ва ба њамин иллати табиї аст, ки аз вуљуди низомњои демократї, ки тамоюли миллатњо дар радди сиёсатњои Амрикоро дунбол мекунад, нигарон бошад. Чомскї афзуд: њангоме ки Амрико аз режимњои демократї сухан мегўяд манзураш он режимњое аст, ки аз вай њимоят мекунанд, аммо агар дар њамин кишварњо интихоботе баргузор шавад ва давлате бо руйкарди мухолифи Ам-

рико руї кор биояд, Вашингтон ин интихоботро демокротик нахоњад хонд, ба унвони мисол ин иттифоќе буд, ки дар интихоботи Фаластин дар соли 2006 рўй дод ва љунбиши Њамос дар љарёни он пирузї интихобото шуд. Ишораи Чомскї ба интихоботе, ки натиљаи он ба нафъи љунбиши Њамос тамом шуд, аммо аз онљое, ки ин натиља дилхоњи Амрико набуд, коршиканї карданд ва ин пирузиро ба расмият нашинохтанд. Њамин кор боис шуд Фаластин ду пора шавад ва бахше аз фаластинињо дар Ромуллоњ ва бахши дигаре дар навори Ѓазза мустаќар шаванд. Маљмўъаи ин иттифоќот фаќат як маъно дорад; демократияе мавриди писанди амрикоињост, ки фарди дилхоњи онњо аз сандуќи раъй берун ояд. Дар ѓайри ин сурат кишвари њадафи онњо муттањам ба таќаллуб дар интихоб мешавад ва фарди пирўз њадафи њамалоти зиёде, аз љумла фишорњои иќтисодї ќарор мегирад ва агар њеч кадом аз ин иќдомот ба натиља мунљар нашавад, роњкори низомї дар дастури корашон ќарор мегирад ва ин даќиќан њамон сенорияе аст, ки дар Сурия дар њоли иљро шудан аст. Манбаъ:

Хабаргузории Форс


14

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

љомеа Ноболиѓи таљовузшуда:

Ман ба таѓоям бовар надорам Норозигї аз тафтишот алайњи тољири чинї, ки дар таљовузи духтараки тољик муттањам мешавад Алишер Зарифї

С

авсан Розиќова, вакили мудофеи як духтари ноболиѓи тољик, аз рафти тафтишот алайњи тољири чинї, Абдулажан Абдулайти, ки дар таљовуз ба номуси духтараки зерњимояаш айбдор мешавад, изњори норозигї кард. Розиќова дар суњбат ба «Озодагон» гуфт, маќомот зерњимояашро бе њузури вакили дифоъ бо шањрванди Чин, ки љабрдидаро дар сини 11 солагї, соли 2011-ум таљовуз намудааст, рў ба рў кардаанд. Дар њоле, ки Розиќова мегўяд, бе иштироки вакили дифоъ рў ба рў намудани гумонбар ва љабрдида ва њамчунин бурдани тафтишот мумкин нест. Абдулажан Абдулайти, шањрванди Хитой, ки пешвои ѓайрирасмии уйѓурњои Тољикистон ном бурда мешавад ва бо номи Абдулло дар шимоли кишвар машњур аст ба гумони таљовуз ба номуси дух-

Савсан Розиќова, вакили мудофеъ тараки 11-сола бо пешнињоди Додситонии генералї ба њабс гирифта шудааст. Савсан Розиќова ќайд намуд, маќомоти тафтишотї айбдоршавандаро бо моддаи 141-и Кодекси љиноятии кишвар муттањам мекунанд, ки нодуруст аст: “Зеро моддаи 141 танњо алоќаи љинсї бо ноболиѓро гуфтааст, яъне гуиё таљовуз љой надоштааст ва ин кор бо хоњиши ноболиѓ шуда бошад: «Моддаи 138 бошад таљовуз ба номуси духтари

Даъвати Умаралї Ќувватов барои пуштибонї аз номзади ислоњотхоњон Умаралї Ќувватов, рањбари созмони мухолифи “Гуруњи 24” аз шањрвандони Тољикистон даъват кардааст, ки аз номзади ягонаи Иттињоди неруњои ислоњотхоњи кишвар дар интихоботи президентї пуштибонї кунанд Рањбари созмони мухолифи “Гуруњи 24”, ки дар мањбаси шањри Дубай ќарор дорад, бо пахши як изњорот гуфтааст, муборизањои интихоботї дар Тољикистон шуруъ шудааст, ки “ин муњимтарин руйдод дар зиндагии мову Шумо мебошад”. Ў мегўяд, мардуми тољик бояд содиќона 7 соли њукумронии Эмомалї Рањмон, раисиљумњури кишварро бањо дода, аз рўи виљдон љавоб дињанд: «Оё ў ба ќасами бо шири модараш хурда вафо кардааст». Умаралї Ќувватов ба мањрум шудани муњољирон аз њаќќи имзо дар пешбарии номзадашон дар интихобот ишора карда, афзудааст, ин амалкарди њукумати Тољикистон хилофи Сарќонуни кишвар мебошад. Ба гуфтаи Ќувватов Эмомалї Рањмон дарк кардааст, ки муњољирони тољик дар њаёти худ ваъдањои ширини ўро таљриба кардаанд ва медонанд, ки дар сангинтарин њолат њукумат ба доди онњо то куљо расидааст. Ин мањбуси тољик аз рўзњои сангини мардуми кишвар ва муњољирони мењнатї дар хориља ёдовар шуда, гуфтааст, агар хоњед, љони худро дар хатар гузошта, солњо дур аз хонаводаатон ба кишварњои хориљ сафар накунед, ба номзади ягонаи ислоњотхоњони Тољикистон дар интихобот овоз дињед.

Ќосимов ва писарони Зайд Саидов дар боздоштгоњ рўбучин кардаанд

хурдсолро бар хилофи хоњиши худаш пешбинї намудааст, ки њаракатњои шањрванди чинї бо њамин модда рост меояд». Аз ин хотир Розиќова аз Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тољикистон хоњиш менамояд, ки нисбати кирдорњои Абдулажан Абдулайти моддаи 138 татбиќ карда шавад. Дар дархости ин вакили дифоъ ба прокурори генералї навишта шудааст, ки зерњимояашро модараш ба гумонбар ба тариќи маљбурї никоњ карда медињад: «Гумонбар Абдулажан Абдулайти мунтазам, муддати 2-3 моњ ба љабрдида тариќи маљбурї аз њолати ољизонаи ў истифода бурда, ба ў алоќаи љинсї мекунад, ки зерњимояаш зарари хеле руњиву љисмонї мегирад ва дар натиља ин кўдаки хурдсол ба таќдираш тан додаст». Савсан Розиќова иброз намуд, ки зерњимояаш дар синни 12 солагї њомиладор мешавад ва гумонбар бо модари љабрдида ўро маљбуран ба таваллудхонаи №1-и шањри Душанбе бурда, исќоти њамл мекунад. Ба ќавли ин њамсуњбатамон рўзи якум ин духтари хурдсол метарсад, гиря карда, аз исќоти њамл худдорї мекунад ва рўзи дуюм модараш ўро љанг карда, ин корро амалї менамоянд. Худи ин духтари љабрдида дар суњбат ба «Озодагон» иброз дошт, ки модараш ўро маљбуран ба шањрванди Чин медињад ва ин чинї ўро маљбуран таљовуз кардааст.

Гумонбар Абдулажан Абдулайти мунтазам, муддати 2-3 моњ ба љабрдида тариќи маљбурї аз њолати ољизонаи ў истифода бурда, ба ў алоќаи љинсї мекунад, ки зерњимояаш зарари хеле руњиву љисмонї мегирад ва дар натиља ин кўдаки хурдсол ба таќдираш тан додаст

Мусоњибамон ќайд намуд, ки дар таваллудхона - њамон чанд духтуре, ки дар исќоти њамли ў даст доранд, агар бинад, мешиносад. Ба гуфтаи вакили дифоъ айни њол модари ин духтар ба Чин фирор кардааст. Љабрдида дар аризаи навиштаи худ ба прокурори генералї бо изњори нигаронї гуфтааст, ки њоло таѓояш ўро ба њолаш нагузошта истодааст. Ба гуфтаи ин ноболиѓ таѓояш бо одамњои Абдулажан Абдулайти маслињат кардааст ва мехоњад љабрдида аз даъвояш даст кашад: “Ман бо таѓоям бовар надорам ва аз кирдорњояш шубња дорам”. Њодисаи таљавуз ба номуси ин духтар дар як хона, дар суроѓаи Рўдакї 93, дар рў ба рўи ќароргоњи Президенти Тољикистон, дар пайи муносибатњои ќарзиву молии модари ноболиѓ рух додааст.

Мањмудљон Ќосимов, муовини рањбари гуруњи ташаббускори њизби “Тољикистони нав”, ки субњи 3-юми сентябр аз боздоштгоњ рањо шуд, изњор медорад, ки муносибати маъмурин бо ў ва наздикони Зайд дар боздоштгоњ дар доираи ќонун сурат гирифт. Ќосимов дар суњбат ба “Озодагон” гуфт, дар боздоштгоњ онњоро кор фармудаанд, “љоруб дода, лањзањои ба руфтан машѓул буданамонро пинњонї сурат гирифтаанд. Мо аз онњо даъват кардем, ки пинњонї нею бањузур навор гиранд. Бигзор њама донанд”. Ба гуфтаи Ќосимов писарони Зайд Саидов аз он дар ташвиш буданд, ки маќомот дар боздоштгоњ барои намозхонињояшон монеа хоњанд шуд, вале чунин нашудааст ва боздоштшудањо панљ ваќт намозашонро хондаанд: «Фарзандони Зайд Саидов аз он нороњат буданд, ки баъди шунидани хабари боздошти онњо падарашон ѓамгин хоњад шуд ва ин ба саломатияш зарар дорад». Ќосимов аз рўзи аввали боздошташон ёдовар шуда, гуфт, ки ў ва писарони Зайдро монанди љинояткорони вазнин завлона дар даст ба боздоштгоњ бурдаанд: «Ваќте ба боздоштгоњ расидем, як масъулаш бо оњанги баланд пурсид, ки инњо киянд ва барои чї ин љо овардаанд? Дар љавоб яке аз писарони Зайд гуфт, барои пуфакро ба њаво сар додан моро ба ин љо оварданд. Аз ин хашми он маъмур омад ва гуфт, «чї ман кўдакум, ки бо ман шухї мекунї?» Баъде, ки фањмонданд, писарони Зайд Саидованд сар хам карду чизе нагуфт». Ќосимов афзуд, дар боздоштгоњ муносибати маъмурини ќаторї бо фарзандони Зайд баробари ќонунї будан, то љое хайрхоњона њам буд. Дар њамин њол Шуњрат Ќудратов, њуќуќшиноси тољик, ки ба истиќболи фарзандони Зайд Саидов рафтааст, дар суњбат ба «Озодагон» гуфт, онњо низ рањо шудаанд ва маъмурини пулис онњоро то хонањояшон гусел кардаанд. Додгоњи ноњияи Исмоили Сомонї 29-уми август, 4 писару домоди Зайд Саидов ва инчунин Мањмудљон Ќосимовро барои ташкили флеш-моб ба 5 рўзи њабс мањкум карда буд. Баробари ин додгоњ Мављуда Соњибназарова, яке аз ташаббускорони ташкили њизби “Тољикистони нав”-ро ба миќдори њафт нишондињандаи њисоботї ё худ 280 сомонї љарима кард. Ин нафарон рўзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соњибкори боздоштшудаи тољик расо сад рўз пур шуд, дар маркази Душанбе, дар боми бинои «Пойтахт» ба љонибдории ў як флэшмоб ташкил кардаанд. Он рўз дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли љомеаи шањрвандї љамъ гардида, ба хотири рањоии Зайд Саидов, ки расо 100 рўз дар боздоштгоњ ќарор дорад, сад кабўтар ва як акси калони Зайд бо пуфакњои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд. Аммо маќомот ин корро ѓайриќонунї ва майдаавбошї хонд.


Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

15

додхоњї

«Сенария»-и додрасњо дар баррасии парвандаи ду мањбус Чил рўз боз баррасии парвандаи додгоњии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду мањбуси зиндони Хуљанд, ки дар пањн намудани иттилои бардурўѓ оиди шиканља дар зиндонњо муттањам мешаванд, идома дорад. Ин мољаро имрўз дар расонањои хабарї яке аз «машњуртарин» бањсњои додгоњї ба шумор меравад. Аз ин рў вижагињои парвандаро ба таври муфассал баён кардан аз манфиат холї нест… Дилошўб Орифзода

Додрасњо «сенария» доранд?

Баррасии мурофиаи догоњии Садриддин Тошев ва Суннатилло Ризоевро додраси собиќи шањри Хуљанд Мусулмон Шарипов оѓоз карда буд, аммо ваќт фурсат надод, ки онро ба охир расонад. Зеро, ў бо фармони президент барои идомаи фаъолият ба дигар минтаќа интиќол дода шуд. Бо гузашти камтар аз як њафта судяи дигар- Улуѓбек Мустафоќулов дар ин мурофиа додрас таъин гардид. Гарчанде Мусулмон Шарипов ба иљрои дигар вазифа машѓул аст ва њоло дигар ба ин парванда алоќамандї надорад, вале чанд нуќтаро аз замони баррасї намудани ў ёдовар мешавем. Оќои Шарипов баррасии мурофиаи мазкурро, ки аз 25- уми июл оѓоз намуда буд, то рўзи аз сари ин мурофиа дур шуданаш, ягон рўзноманигорро ба толори баррасии суд иљозаи вуруд надод. Бо њар бањона ў намегузошт, ки намояндагони ВАО дар ваќти љараёни баррасии парванда ширкат дошта бошанд. Ӯ аввал ба вакилони дифои ин ду мањбус гуфта буд, ки хабарнигорон ба унвони раиси суди шањри Хуљанд мактуб нависанд, аммо бону Матлуба Њабибуллоева ба журналистон посух додааст, ки ў ваколати иљозат доданро надорад ва њар масъаларо бо раисикунандаи парванда њал намоянд. Намояндагони ВАО дар марњилаи омода намудани мактуб ба унвони додрас машѓул буданд, ки судяи ќазия ба дигар минтаќа ба кор гузашт. Рўзноманигорон ва вакилони дифоъ умед доштанд, ки судяи тозатаъин ба додашон мерасад ва дархости адвакатњо ва айбдоршавандањоро мувофиќи ќавонини љории кишвар баррасї менамояд. Аммо Мустафоќулов низ ба монанди Шарипов хабарнигоронро ба толори мурофиаи додгоњ роњ надод. Инро дида, сухани муаллими риёзиётам дар мактаб ба хотирам омад, ки мегуфт: «Аз иваз кардани љои љамъшавандањо њосили љамъ таѓйир намеёбад». Аз ин амали судяњо ба хуло-

Муассис:

сае омадан мумкин аст, ки парвандаи мазкур «сенария»-и хоси худро дорад. Ва аз раисикунанда њам болотор «ќувва»-е њаст, ки ќазияро идора мекунад. Аз ин рў бо иваз гардидани додрасњо ва айбдоркунандаи давлатї ягон дигаргунї шуданаш ѓайримикон аст, зеро «ќувва» чї њукмеро хоњад, ба сари ин ду мањбус «бор» хоњад кард.

«Судя Мустафоќулов ба ќонуншиканї роњ дод...»

Рўзи панљшанбеи њафтаи гузашта раисикунандаи мурофиа њамаи дархостњои вакилони дифои Тошев ва Ризоевро баррасї намуда, ба љуз аз як дархосташон, дигар њамаро рад кардааст. Файзинисо Воњидова, вакили дифоъи Садриддин Тошев ба «Озодагон» гуфт, ки судя Мустафоќулов дархосташон дар мавриди иштироки намояндагони ВАО дар љараёни баррасии мурофиаро, бе асос рад кардааст. Манбаъ дар идомаи суњбат афзуд, ки додрас талаботи ќонунро сарфи назар кардааст: - Аз посухи судя хулоса баровардан мумкин аст, мурофиа паси дарњои баста баргузор мешавад, лекин Кодекси мурофиаи љиної пешбинї намудааст, ки дар хусуси ба тариќи пўшида гузаронидани мурофиаи судї, раисикунандаи кор бояд таъинот ќабул намояд. Яъне, як санади судї, ки бо он сабаб ва асосњои мурофиавии ба тариќи пўшида гузаронидани баррасии парванда бояд муќаррар карда шавад. Воњидова дар идомаи суханаш илова намуд, ки: «Судя Мустафоќулов ба ќонуншиканї роњ додааст».

Роњ ба сўи додгоњи Хуљанд: Ња ё не?

Аз оѓози ќазияи мазкур яке аз дархостњои мањбусон ва њомиёни њуќуќи онњо ин буд, ки парванда дар толори суди шањри Хуљанд баргузор шавад. Аммо то њол муайян нест, ки ин бањси судї дар

Зафари Сўфї

Муњаррир:

Азизи Наќибзод

Мудири

иљроия: Хилватшоњи Мањмуд

толори суд баргузор мешавад, ё хайр? Зеро ќозии аввал бино ба гуфти адвакатњо имрўзу пагоњ гуфта, онњоро фиреб намуда, ќариб њамаи тарафњоро пурсидааст. Алъон, судяи нав низ дархости љониби айбдоршавандаро баррасї намуда, пусухи ахири худро иброз намудааст. Њуќуќшинос Файзинисо Фоњидова ба «Озодагон» гуфт, ки Мустафоќулов дархости онњоро дар хусуси баргузор намудани мурофиа дар толори судї инкор кардааст ва гуфта мешавад, ки ќазия дар СИЗО- и шањри Хуљанд баргузор хоњад шуд: «Аз аввал мо талаб дорем, ки мурофиа ба тариќи кушод, озод, шаффоф дар толори маљлисгоњи суди шањри Хуљанд гузаронида шавад, аммо судя ин дархостамонро њам рад кард». Вакилони дифоъ ва худи мањбусон низ чанд дафъа бо нишони эътироз иброз намуданд, ки агар мурофиа дар толори суд баргузор нашавад,

Хабарнигорон: Абдулазизи Восеъ, Исфандиёри Халилї, њумайрои Бахтиёр, Сиёвуши ќосимзода Тарроњ: Аслиддини љумъа менељер: С. НЕЪМатУлло

дар ваќти баррасии ќазия иштирок нахоњанд кард, аммо Мустафоќулов тасмимашро рўзи панљшанбеии гузашта эълон кардааст, ки ин парванда дар СИЗО баррасї мешавад. Сабаби ба толори суд роњ наёфтани парвандаро судя дар он шарњ додааст , ки имкони њамаи тарафњоро ба суди шањри Хуљанд бурданро надоранд. Яъне, соддатар бигўем, онњо аз норасоии наќлиёт танќисї мекашидаанд. Аз ин рў мурофиаро дар боздоштгоњ мегузаронидаанд.

Иљозаи дархост аз мурофиа то мурофиа

Њомиёни њуќуќи ин ду мањбус ба «Озодагон» гуфтанд ,ки алъон ягон навгоние дар бањси додгоњи вуљуд надорад. Танњо як иттилои нав ин будааст, ки раисикунандаи кор рўзи панљшанбе, 29 –уми август танњо як дархости онњоро ќонеъ гардонидааст. Яъне, барои ба толори баррасишавандаи пар-

 Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест.  Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд.  Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст.  Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202972800036580001 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе

www.ozodagon.com

Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

ванда иљоза додааст, ки воситањои техникиро ворид намоянд. Бояд гуфт, рўзи 30-юми август низ дар СИЗО-и шањри Хуљанд идомаи баррасии парванда гузаронида шуд. Ба гуфти вакилони дифоъ, њангоми ворид шудан ба толор, кормандони боздоштгоњ њама воситањои техникияшонро гирифтаанд. Воњидова гуфт, ки њатто нетбукашро низ аз дасташ гирифтаанд ва нагузоштанд, ки онро њамроњ бигирад. Њамчунин ў гуфт, ки «раисикунандаи кор ин дархостамонро танњо барои як рўз иљозат дод. Дар мурофиаи як рўзи пеш инљозат дод, ки воситаи техникиямонро ворид кунем, аммо пас аз як рўз нагузошт, ки дарорем». Ин ќазияи ба ќавле «гўшти уштурхўрда» кай ва ба фоидаи кї ба анљом мерасад, ваќт нишон медињад. Мо онро пайгирї хоњем кард, зеро дар он шиканљаи мањбусин ва њолатњои дигари наќзи њуќуќи зиндониён ба назар мерасад.

ИНН № 030012573

нишонї Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880-07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст.


16

Озодагон

№35 (295)  4 сентябри соли 2013

њафтранг

В

аќте равонаи њаљ будем дар фурудгоњи Домодедовои Маскав љавони русеро дидам, ки либоси нимњарбї ба тан дошт ва кунље нишаста буд. Пайваста китоб мехонд ва ба касеву чизе эътибор намедод. Нигоњи мо барои сонияе ба њам хўрд ва бо дидани чашмонаш намедонам аз куљо ва бо чї сабабе фикре дар сарам пайдо шуд, ки агар аз мардумони ин замон касе бињиштист, пас бегумон њамин љавон аст. Љозибаи аљибе маро сўи ў мехонд, аммо аз рафтан ба наздаш худдорї кардам. Ваќти нишастан ба тайёра њамон љавонро дар он нишаста дидам ва дарёфтам, ки аз русњои мусалмоншуда аст. Баъдан чанд бори дигар њангоми иљрои маносики њаљ вохўрдамаш. Пайваста ё сараш рўи китоб хам буд ё дар даст тасбењ зикр мекард. Њарчи кўшидам бо ў шинос шавам, ба чуз аз алейк гирифтан ба саломам эътиное ба ман намекард. Ман њам њеч бањонае барои сўњбат наметавонистам пайдо кунам.

Ваќти бозгашт бояд дар Урдун ба тайёраи дигаре менишастем, аммо бо кадом сабабе ваќти парвози моро то ними шаб мутаваќќиф карданд. Роњбаладон бо мусофирбаре моро ба кадом ќароргоњи мусофирбарњо бурданду њамонљо рањо карданд. Дар наздикї њеч ошхона ва маѓозае вуљуд надошт ва танњо чизе, ки ба мардум дастрас буд, чое буд, ки дарбони њамон корхона бароямон дам мекард. Бо дўсте ба љустуљўи маѓоза рафтем. Дарбон теппаеро нишон дода гуфт, ки пушти он дењае њаст, ки маѓоза дорад. Болои он теппа њамон љавони русро вохўрдем. Гуфт, ки он љо чизе нест, баргардед. Гуфтамаш бо мо биё, пайдо мекунем. Аз пайдо шудани имкони шиносої бо ў хеле шод шудам.

Сарнавишт Абдуманнон Шералиев

-Номам Ањмад, – дасти маро бо як мењрубонии аљибе фишурда, гуфт ў. -Дар Чеченистон хизмат кардаи ё Афѓонистон? -Чаро, барои мусалмон шудан, њатман бояд дар Чеченистон хизмат кунї? -Пас чї тавр мусалмон шудї? -Ваќте њаќиќатро бароям нишон доданд, ќабулаш кардам - њангоми сўњбат кардан табассум њаргиз аз лабонаш канда намешуд. Дар роњ асперо вохўрдем. Ањмад аз кисааш чанд дона ќанд бароварду ба назди асп рафт ва гўё он асп аз худаш бошад, бо мењрубонї навозишаш мекарду ќанд мехўронд. Мо мунтазираш нашуда, ба роњамон давом додем. Каме пас марди арабе аз пешамон баромад. Гоње бо забони русї, гоње тољикї ва њатто узбакї њарф мезадем, то маќсадамонро фањмонем, аммо бе натиља. Њатто ишорањоямонро, ки мехоњем маѓоза ё ошхонае пайдо кунем, намефањмид. Ин ваќт Ањмад расид ва аљабо, ки бо забони фасењи арабї ба сухан кардан даромад. Хеле бо он араб сўњбат кард ва мо љуз бо дањони воз тамошо кардани онњо коре надоштем. Араб роњи маѓозаро ба мо нишон дод. Аз наќли Ањмад маълум шуд, ки он араб хидматгоре будааст ва хеле афсўс хўрдааст, ки имкони мењмондорї кардани моро надорад. Дар бозгашт Ањмад боз ба назди он асп рафт ва аз кисааш ќанд баровард. Ќанди арабї. Ќанде, ки махсус барои он асп харида будааст ва мо њатто хабар наёфта будаем... ...Хўрокњои овардаи моро мардум дар як мижа задан таќсим карда хўрданд... Њамроњи Ањмад љавони руси дигаре

њам буд, ки мо “доктор”-аш мехондем. Сабаби чунин лаќабро гирифтанаш ин буд, ки њар касе аз дарде шикоят мекард, “Доктор” дархол аз паси борхалтааш, ки њама намуди доруро дошт, мерафт ва ба табобат мепардохт. Аз доруњояш дида суханонаш малњами љони мардум мешуд. Ў дар асл њеч маълумоти тиббие надоштааст... Хеле њалим, сухандон ва хоксор буд. Дар њар коре пешсаф ва њар љое хидмате лозим мешуд, дар сафи аввал буд. Баъди нисфирўзї дохили мусофирбар хоб будам ва нафаре омаду маро бедор кард. Гуфт, ки арабе омадааст ва хўрок таќсим мекунад. Гуфтам намехоњам. Аммо ў исрор кард, ки он араб мехоњад њамаро як ба як зиёрат кунад. Он араб соњиби ширкати мусофиркашони будаасту барои таъмири мусофирбарњояш ба њамин корхонае, ки мо онљо будем меомадааст. Бо шунидани ин ки хољиён онљо бе обу нон дармондаанд барои 120 нафар дар халтачаи алоњида зиёфат овардааст. Зиёфате, ки дар Саъудї њам надида будем... Баъди таќсими њадяњояш, он араб бо забони фасењи русї пурсид, ки оё касе аз Санкт-Петербург њаст? Доктор дарњол бархост. Араб нишонии хонаи Докторро пурсид ва аз шунидани љавобаш хушњол шуду гуфт, ман дар он наздикї зиндагї кардаам. Сипас ба наќл пардохт: Дар донишгоњи тиббї тањсил мекардам ва хонаеро ба иљора гирифта будам. Боре ба хонааам миллатчињои рус њамла оварданд ва ба лату кўби ман оѓоз карданд. Шояд мекуштанд, аммо љавони русе, ки як ошёна поёнтар зиндагї мекард ба мадади ман шитофт ва наљотам

дод. Баъди рафтани скинхедњо аз љавон пурсидам, ки ба ивази некиаш чї хидматеро барояш метавонам анљом дињам? Гуфт, ки чизе лозим нест, њаќќи њамсоягї аст. Аммо ман пайваста меандишидам, ки чї туњфае арзанда барояш метавонам њадя кунам. Дар охир ба хулосае омадам, ки њеч тўњфае арзандатар аз њаќиќати илоњї нест. Ўро ба ислом даъват кардам. Зудтар аз он ки мепиндоштам пазируфт. Хеле дар омўзиши ањкоми илоњї њарис буд. Мисли як бародари љонї дусташ медоштам. Аммо мутаассифона замони тањсили ман ба анљом расида буд ва ман ўро ба Худо супоридаму ба ватан омадам. Сипас он араб ба “Доктор” нигаристу гуфт: -Ту дар он наздикї будаї, шояд уро шиносї. Номаш Андрей, насабаш Сорокин. “Доктор” аз љояш парид, ба дар њоле, ки аз хурсандї мешукуфт, гуфт: Ў устоди ман аст. Ў маро ба ислом овардааст ва... ва њоло њамин љост. Сукуте яклањзаина њама љоро фаро гирифт. Араб дар њоле, ки чашмонаш нам гирифта буданд, гуфт: -Ин аслан мумкин нест. “Доктор” бе он, ки њарфе занад ба тарафи мусофирбар давид ва даќиќае пас аз он бо Ањмад берун омад. Араб њам бо дидани ў ба сўяш тохт. Ањмад сонияе њайратзада истод, сипас устодашро шинохту ба истиќболаш шитофт. Онњо дар њоле, ки ашки чашмонашон шашќатор љорї буд мисли ду бародари хунї, на, мисли падару писаре, ки солњо дар фироќ сўхтаанд, њамдигарро ба оѓўш гирифтанд. Ин сањнае диданї ва фаромушношуданї буд. Тамоми 120 њољї, ки онљо буданд беист ашк мерехтанд...


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.