"Озодагон" №282

Page 1

Чанд зиёиро мешиносед?

мушкил

7 гуфтугў

Роњи мо ба Кобулу Тењрон набояд тавассути Маскав бошад

8 иљтимоъ

Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист!

№23 (283)  12 июни соли 2013

Бекорїиллати асосии Тољикистон

10

Каромат Шарипов ноиби президент?

www. ozodagon. tj

Кай аз талаби кумак даст мекашем?

“ Хатари навбатї ба Тољикистон

Тољикистон худро пурра бо колоњои ѓизої таъмин карда наметавонад ва маљбур хоњад шуд то мањсулоти истеъмолиро аз дигар кишварњо ворид кунад.

То ваќте ягон моли умумимиллї коркард ва пешнињод нашавад, мо дар њамин њолат мемонем.


2

№23 (283)  12 июни соли 2013

хабар фатво

даъво

«Нафаре аз уламо мардумро ба дастбўсї амр накардааст”

Онишенко гуфт, бемории доманаро дар Русия муњољирони тољик пањн кардаанд

Нуриддин Тўраљонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, бўса кардани дасти олимонро раво хондааст.

Генадий Онишенко, сардухтури эпидемологии Русия гуфтааст, сабаби хурўљи бемории домана дар вилояти Перм муњољирони тољиканд.

Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба яке аз хонандањои торнамо ё сайти хонаводагии оли Тўраљон њарф задааст. Ў гуфта, ки бўса кардани дасти олим як амали љоиз ва мустањаб мебошад. “Касе аз уламо мардумро ба ин кор амр накарда аст, балки ин худи

мардуманд, ба хотири муњаббати доштаашон нисбат ба олимон дастони онњоро бўса мекунанд”,гуфтааст ў. Ба гуфтаи ин рўњонии саршиноси тољик, дар замони паёмбари Ислом (с) сањобагон ва ёронаш дасти ўро мебўсидаанд: “Абудовуд ривоят карда аст, Усома ибни Шурайк мегўяд, мо ба сўи Паёмбар (с) хестем ва дасти ўро буса кардем...” Ин дар њолест, ки бўса намудани дасти олимон ва рўњониёни саршинос дар Тољикистон ба як амали маъмулї табдил ёфта, бањсњои тундеро ба миён овардааст. Дар гузашта худи Эшони Нуриддин борњо таъкид кардааст, ки њаводоронаш метавонанд дасти ўву бародаронашро набўсанд, чун ба гуфтаи ў, дастбўсї метавонад баъзе беморињоро бигузаронад. Бо ин њама, дастбўсии рўњониён як навъ эњтиром ба рўњониёни маъруф дониста мешавад ва ин корро на њама, балки танњо њаводорони онњо анљом медињанд.

Ољонсии «Интерфакс» бо такя ба суханони Онишенко навиштааст, ба хотири љилавгирї аз ављи ин беморї, њоло њар шањрванди Русия, ки бо тољикони ин мањал иртибот дошт, бояд ваксин шаванд. «Теъдоди афроди сироятшуда ба дањњо нафар мерасад. Њамаи онњо коргароне њастанд, ки аз Осиёи Марказї омадаанд. Муњољирон ба таври расмї дар њудуди Русия

ќарор доштанд, аммо дар шароити ѓайрисанитарї ба сар мебурданд»,- гуфтааст Онишенко. Феълан, 16 муњољир, ки дар онњо нишонањои бемории домана мушоњида шудааст, дар беморхона бистариянд. Њамчунин ваксинзании 84 нафари бо онњо дар тамосбуда ва 166 муњољири дигар, ки дар бозори сабзавот кор мекардаанд, дар назар аст.

кофтукоб

Малика ва Сабина Араловањоро дар 190 кишвари дунё мељўянд Вазорати умури дохилии Тољикистон барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловањо, ки њанўз моњи март дар Душанбе гум шудаанд, ба пулиси байналмилалї ё Интерпол мурољиат кардааст.

ташвиш

200 шањрванд ба тањсили ѓайрирасмии динї машѓуланд Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти њуќуќвайронкунї миёни ноболиѓон ва љавонони Вазорати умури дохилии Тољикистон мегўяд, “айни замон 202 шањрванди Тољикистон дар хориљи кишвар ба тањсили ѓайрирасмии динї машѓуланд”. Номбурда афзуд, феълан масъулин дар талоши бозгардонидани ин ноболиѓону љавонон њастанд: “Масъалаи мазкурро набояд содда гирифт, ин ташвишовар аст, ки љавонони мо дар хориљ ба тањсили ѓайрирасмии мазњабї машѓуланд”. Давлат Назаров мегўяд, Хадамоти њуќуќвайронкунї миёни ноболиѓон ва љавонони ВКД тањсили ѓайрирасмии 1823 шањрванди кишварро дар давлатњои хориљ ошкор карда буданд, ки зимни амалиёти вижа 1621 нафари онњо баргардонида шуданд.

мењмонї

Њизби нањзат хостори мулоќоти рўбарў бо Бозор Собир шуд Масъулони Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) ният доранд, Бозор Собирро ба мањфили “Адабиёт ва андеша”-и ин њизб, ки бештар бо њузури чењрањои маъруф баргузор мегардад, даъват намоянд. Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, сухангўи ЊНИТ, ба “Озодагон” гуфт, тасмими мулоќоти рўбарў бо Бозор Собир дар мањфили “Адабиёт ва андеша” бадоњатан гирифта шудааст. Ба гуфтаи ў, “дар љавоб ба саволи баъзе бародарон Муњиддин Кабирї гуфтаанд, баргузории як мањфил бо њузури Бозор Собир дар ЊНИТ мушкиле надорад. Вале бояд аз Бозор Собир пурсид, ки оё хоњиши ширкат дар ин мањфилро дорад, ё не”. Сайфуллоњзода мегўяд, “њоло дар ин маврид ягон кори расмї сурат нагирифтааст. Вале умедворем, чун раиси ЊНИТ ин тасмимро гирифтааст, мањфил дар рўзњои наздик баргузор мегардад”. Мусоњиби мо афзуд, љаноби Кабирї дар як мањфили дигар бо Бозор Собир сўњбате анљом додааст, ки хулосааш ин њафта дар нашрияи “Наљот”, нашрияи Њизби нањзати исломї, чоп хоњад шуд.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти њуќуќвайронкунї миёни ноболиѓон ва љавонони Вазорати умури дохилї, дар сўњбат ба “Озодагон” гуфт, феълан онњо маълумот дар бораи Малика ва Сабинаро ба намояндагињои пулиси байналмилалї ба 190 кишвари дунё фиристодаанд. Ў изњори ташвиш кард, ки бо вуљуди талошњои пайваста то имрўз дар мавриди Малика ва Сабина њеч иттилои мусбат дастрас накардаанд. Малика ва Сабина Араловањо рўзи 25-уми март аз назди манзили зисти худ, дар наздикињои маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ѓайб заданд. Ба ин ќазия моњи апрели соли љорї Эмомалї Рањмон, раисиљумњури Тољикистон, њам дахл карда, онро аз љумлаи љиноятњои доѓдоркунандаи номи давлату миллат ва маќомоти њифзи њуќуќ арзёбї кард. ў аз сохторњои ќудратии кишвар даъват кард, барои пайдо намудани Малика ва Сабина чорањои зарурї биандешанд. Улуѓбек Аралов, падари Малика, мегўяд, бо вуљуди нокомии маќомот барои пайдо кардани дух-

тараш њанўз умедро аз даст надодааст. Вай гуфт, барои љустуљўи духтараш тамоми талошашро хоњад кард. Дар њамин њол, Вазорати умури дохилии Тољикистон ахиран хабар дод, ки нафаре, ки ду рўз ќабл дар кўчаи Испечак-2 -и шањри Душанбе як кўдаки 5-соларо рабуда буд, боздошт шудааст. Сомонаи ин нињод навиштааст, кормандони маќомоти корњои дохилї дар натиљаи гузаронидани чорањои оперативї-љустуљўї Абдусалом Раљабов, соли таваллудаш 1965, зода ва истиќоматкунандаи дењаи Тоштеппаи ноњияи Шањринав (соли 2010 бо моддаи 244 КЉ ЉТ суд шудааст)-ро дастгир карда, ноболиѓ Муњаммадљони Абдуљабборро ба волидайнаш баргардонидаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ваќти гузаронидани санљиш маълум шуд, ки Абдусалом Раљабов рўзи 8-уми июн дар шањри Ќурѓонтеппа низ ноболиѓон Хусрав Орифљонов, соли таваллудаш 2004, Фаррухљон Орифљонов, соли таваллудаш 2003 ва Фозилљон Буриев, соли таваллудаш 2002-ро бо бањонаи чидани гелосу олу њамроњи худ ба ноњияи Бохтар бурдааст. Худи њамон рўз аз љониби кормандони милитсия ноболиѓони мазкур муайян ва дарёфт шуданд. “Зимни тањќиќи њодиса муайян карда шуд, ки Абдусалом Раљабов бемории руњї дошта, дар беморхонаи љумњуриявии клиникии беморињои руњї бо хулосаи “Маљзубияти параноиди равандаш бетанаффус” дар ќайд мебошад. Њолати мазкур мавриди санљиш ќарор дорад. Тибќи иттилои Вазорати умури дохилї, шурўъ аз соли равон дар њудуди Тољикистон 95 ноболиѓ нопадид шудаанд, ки маќомот 81 нафари онњоро пайдо намудаанд.

сониња

Марги пиёдагарди 43-сола дар зери чархи мошини подполковник Умар Шарифов, подполковники Бозрасии давлатии автомобилї (БДА), дар километри 15-уми роњи Душанбе-Ќўрѓонтеппа бо “Мерседес-Бенз”-аш пиёдагард Хайриддин Љалилови 43-соларо пахш кардааст. Мањмадшариф Шамсов, масъули дафтари матбуоти БДА ба “Озодагон” гуфт, ин њодиса шаби нуњум ба дањуми июн иттифоќ уфтода, дар пайи он Хайриддин Љалилов фавтидааст. Ба ин савол, ки њодиса чи гуна рух додааст, љаноби Шамсов танњо гуфт, “подполковники БДА - Умар Шарифов аз ўњдаи

идораи воситаи наќлиёт набаромадааст”. Бино ба иттилои маќомоти БДА, дар тўли панљ моњи аввали соли љорї дар роњњои мошингарди кишвар њудуди 501 садама ба ќайд гирифта шудааст, ки бар асари он 151 нафар ба њалокат расида, 547 нафари дигар љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштаанд.

њикмати њафта

Дар сиёсат лозим меояд, ки ё Ватан ё интихобкунандагонро бифурўшї. Ман дувумиро авлотар мешуморам.

Шарл де Голл


№23 (283)  12 июни соли 2013

3

чењра

Человек с золотым сердцем Благотворительность сегодня – вполне привычное дополнение любого бизнеса. Но истинное благородство – это уникальное явление и встречается оно не так уж часто, особенно – в наше время. По настоящему благородные люди не нуждаются в рекламе, за них всегда говорят их поступки. И уж конечно, они не станут сами себя расхваливать, рассказывая на каждом углу о своих достижениях во имя добродетели. Имя Германа Захарьяева, московского бизнесмена и мецената, кандидата философских наук, основателя Международного фонда горных евреев «СТМЭГИ», известно в определенных кругах. Но мало, кто знает о том, что благотворительная деятельность Захарьяева направлена не только на сохранение культурного и исторического наследия горных евреев, но и просто – на оказание помощи тем, кто в ней больше всего нуждается. Герман Захарьяев родился в многодетной семье. Уже с малых лет будущий бизнесмен и меценат заслужил уважительное

к себе отношение со стороны окружающих как обязательный, находчивый, умный и воспитанный человек. В современном мире порой сложно удержаться на плаву, особенно тяжело тем, кто с развалом Советского Союза остался без работы и без средств к существованию. И многие люди, не имея возможности прокормить свои семьи, покидают родные края, пытаясь найти кусок хлеба, занимаясь каторжным трудом на чужбине. Они терпят лишения, голод, холод, хамское отношение аборигенов. И очень часты, к сожалению, бывают случаи, когда, отработав нужный период и выполнив поставленные задачи, работник вынужден убираться восвояси несолоно хлебавши – местные работодатели, соблазняясь на дешевую рабочую силу, не очень-то жалуют чужаков. Даже понимая всю безвыходность ситуации, вынудившей людей заниматься каторжным трудом за копейки, люди, нанимая

на работу выходцев из бывших союзных республик, зачастую оставляют их труд неоплаченным. Но люди – независимо от цвета кожи, языка или вероисповедания – делятся лишь на две категории: на хороших людей и плохих. И тем нашим соотечественникам, кто повстречал на своём пути хорошего человека Германа Захарьяева, несказанно повезло. Сколько их – людей, обратившихся за помощью и получивших её – никто не знает, потому что добрые дела, сделанные от чистого сердца, никто нигде не фиксирует и не документиру-

ет. Но уже не один, не два и не десять людей, чьей судьбы коснулся этот человек, будут до конца своих дней вспоминать о нем в молитвах. Бывают ситуации, когда у человека нет даже возможности купить обратный билет, чтобы вернуться домой; бывает, что из-за болезни человек лишен возможности работать и кормить свою семью; а может, кто-то всю жизнь прожил в мечтах попасть в святые места, совершить паломничество в Мекку, но, в силу обстоятельств, не может себе этого позволить. Давлатбек Жонов (Махмуд): «Я редко встречал в своей жизни таких людей, как Герман Захарьяев. Он помогает всем нуждающимся, не делая различий между людьми разных конфессий или национальностей. Например, даже среди наших земляков, наших братьев по религии, занимающихся меценатством, очень мало тех, кто помогает людям совершить Хаджи Акбар (Великий Хадж) – ведь это очень дорого,

““

Он никогда не проходит мимо страждущих и всегда готов протянуть руку помощи тем, кто в ней нуждается, кто бы то ни был.

и люди иногда годами собирают деньги на Хадж, отказывая себе во всём. А Герман Захарьяев неоднократно принимал участие в организации поездки наших соотечественников в посещении святых мест в процессе совершения Хаджи Акбар. Мы все молимся за него, за его семью, за братьев и детей его.» Сироджиддин Саидов, выходец из Таджикистана, вот уже более десяти лет работающий вместе с Германом Захарьяевым, вспоминает о нем, как о человеке с золотым сердцем: «Я помню, был случай еще в 2006м году, когда наш земляк, работающий здесь, серьезно заболел. У него не было средств, ни на лечение, ни на то, чтобы вернуться домой. И тогда ему очень помог Герман Захарьяев, оплатив и транспортные расходы, и лечение по возвращении на родину. И это – не единичный случай. Герман Захарьяев не просто помогает нуждающимся, он также принимает активное участие в улучшении

отношений между представителями различных конфессий и национальностей». Сегодня множество крупных организаций часть своих доходов отдают на благотворительность. Это бывает и помощь больным онкологией, и забота о детях-сиротах или содержание реабилитационных центров для инвалидов. Но редко какая организация возьмет на себя обязательства в отношении частных лиц. А ведь вокруг нас так много людей нуждаются в помощи. И чаще всего именно в этой среде разыгрываются трагедии почище шекспировских. Рядовые ситуации из жизни людей, мимо которых мы каждый день равнодушно проходим, и не обращаем внимания на их маленькие проблемы и заботы. Всё это настолько естественно и обыденно, что завтра любая из этих ситуаций с лёгкостью может повториться уже в нашей с вами жизни. И тогда кто-то другой, не менее равнодушный, также пройдёт мимо, отведя взгляд. Кто-то возможно не любит «размениваться по пустякам», предпочитая «творить добрые дела» как по расписанию, отсчитывая раз в месяц определенную сумму на благотворительность. Но ведь жизнь невозможно подогнать ни под одно расписание в мире, жизнь переменчива и коварна порой, и никогда не знаешь, чем обернется для тебя завтрашний день. Сегодня ты – владыка мира, обитаешь во дворцах и питаешься амброзией, а завтра у тебя нет даже нескольких монет, чтобы купить кусок хлеба. Один известный музыкант сказал как-то в интервью: «Поднимаясь по лестнице вверх, не забывай здороваться с теми, кто встречается тебе на пути. Когда придётся спускаться – ты вновь повстречаешься с ними же». Герман Захарьяев, человек,

который сделал себя сам, сам достиг сегодняшнего уровня и положения, ни на одну минуту не забывает о том, каким было его детство и через какие тернии ему пришлось пройти на пути к звездам. Приехав в Москву в не самое спокойное для страны время – начало девяностых – он, будучи двадцатилетним, начал с нуля. И только упорный труд и добросовестное отношение к работе позволили ему достичь немалых высот в бизнесе. И сегодня это – уважаемый во многих странах человек, добившийся небывалого успеха только благодаря собственной целеустремленности и человеколюбию. Воспитанный в духе уважения предков, традиций, истории своей страны и своего народа, Герман Захарьяев вкладывает немалые усилия и средства на возрождение и сохранение древних традиций, науки и культуры. Он никогда не проходит мимо страждущих и всегда готов протянуть руку помощи тем, кто в ней нуждается, кто бы то ни был. Вот и получилось так, что Герман Захарьяев, возложив на себя заботы о своей семье и близких, раздвинул границы понятий и причислил к своей семье сначала всех своих земляков, а затем – всех, кто нуждался в его помощи и заботе. Он не делает различий между своими и чужими, между приверженцами разных конфессий. Он просто помогает людям, если у него есть такая возможность. А основа всего – простое человеческое отношение. Ведь, относясь к людям так, как ты хотел бы, чтоб относились к тебе, ты и получишь в результате то, чего заслуживаешь.


4

№23 (283)  12 июни соли 2013

дидгоњ

“Ташаккур”,

бародари афѓони ман! Аљабам меояд. Њайратам меафзояд. Халили ќаюмзод

facebook.com/khalili.ghayumzod

“Савоби ду ракъат намозатонро ба Эмомалї Рањмон бахшед” Домулло Абдуррауф, як шањрванди Афѓонистон, аз минбари масљиди марказии шањри Душанбе аз љавонони тољик даъват намуд, то ба ќадри сулњу оромиш бирасанд ва ба гуфтањои бегонагон гўш надињанд. Абдуѓанї Абдулвањњоб

facebook.com/abdulgani.abdulvahhob

Ў, ки дар намози љумъаи рўзи 7-уми июн дар масљиди марказии Душанбе дар ин бора њарф мезад, гуфт, “кош, Афѓонистон низ ба мисли Тољикистон як рањбари хирадманд медошт, то онро ба сулњу субот мерасонд.” Домулло Абдуррауфро муовини раиси Шўрои уламои маркази исломии Тољикистон, Домулло Саидакбар, мурарифї карда ва пеш аз оѓози намози љумъа риштаи суханро ба ў дод. Ба ќавли Домулло Абдуррауф, дар Афѓонистон зиёда аз се дања мешавад, ки љанг идома дорад ва ин кишварро ба як озмоишгоњи силоњу маводи интињорї табдил додаанд: “Аз ин рў, аз љавонони тољик даъват мекунам, то ба њарфњое, ки тариќи радио ва расонањои гуногуни хориљї садо медињанд, гўш накунанду сулњро мисли

гавњараки чашму дили худ нигоњ дошта шукронаи онро ба љо оранд”. Ин шањрванди Афѓонистон мегўяд, ў таќрибан 12-13 сол пеш дар Тољикистон зиндагї кардаасту вазъ ва шароити сангини ин кишварро дар он солњо дар ёд дорад: “Боре ба ёд оред, ки чигуна соатњои 2 ва 3-и субњ мехестем ба хотири гирифтани як нон пушти дари маѓозањо рост меистодем. Баъзан баъди истодани соатњо наметавонистем, як нонро ба даст орем ва њатто мешуд, ки зери латукўб ќарор мегирифтем. Ин сулњу оромї ва сериву пурие, ки мебинен ин худ ба худ наомадааст, ин њама танњову танњо дар натиљаи рањбарии хирадмандонаю дилсўзонаи раиси кишваратон, Эмомалї Рањмон ба миён омадааст”. Абдуррауф таъкид кард, ки

њар шањрванди Тољикистон аввалин коре, ки даст ба он бояд занад, ин хондани ду ракъат намоз дар њаќќи Эмомалї Рањмон мебошад: “Аввалин коре Шумо бояд кунед, ин гузоридани ду ракъат намоз мебошад ва савоби онро дар њаќќи Эмомалї Рањмон бибахшед. Худо гўед, то ин оромї аз байн наравад, агар як бори дигар ин оромї аз байн равад, Шумо дигар наметавонед онро ба даст оред”. Ба суоли мо дар ин бора ки ин нафар чигуна ба минбари масљиди марказии Душанбе роњ ёфтаву кї аст, муовини муфтї гуфт, баъдан дар ин бора хоњанд гуфт. Зеро баъд аз анљоми намози љумъа сафири Афѓонистон дар Тољикистон, Абдулѓафури Орзу, ба назди муовини раиси Шўрои уламо рафта, дар бораи Домулло Абдуррауф сўњбат.

То дирўз ашхоси наздик ба њукумат моро таъна мезаданд, ки чї ин ќадар насињат мекунед? Шукри суботу осоиш кунед, кор кунед ва шукрона намоед, ки чунин дореду чунонед. Имрўз як шањрванди хориљї аз минбари баланди масљидамон баромада, мо -- тољикистониёнро насињат мекунад. Рўзамон ба њамин дараља расидааст. Афсўс… Наход, ба насињату маслињати хориљиён мўњтољ шуда бошем? Ва ў њам моро ба шукргузорї мехонад. Барои мо, соњибони ин марзу бум, дар масљидамон сухан намедињанд. Барои мо иљозати вазъ гуфтан нест. Барои њеч нафаре аз муллоњои суннатии маъруф иљозаи аз минбар сухан нест. Барои ў (як хориљї) мумкин. Чунки ў аз мо талаб дорад, шукр кунем ва њар рўз ду ракъат намози шукрона бигузорему савобашро ба њаќќи президент бахшем. Дасти азизат дардро набинад, бародари афѓони ман. Ташаккур бар ту бародари њамзабон! Агар ту намебудї, мо аз куљо ба ќадри сулњ мерасидему медонистем, ки дар бињишт зиндагї дорем? Сайёфи Мизроб, журналисти маъруфи тољик, чанде пештар навишта буд, ки афѓонњо ба Тољикистон барои духтарбозї меоянд. Онњо меоянду духтарони моро таљовуз мекунанд, ваъдаи ба занї гирифтанро медињанду баъд фирор то ба Афѓонистон… Сайёф хато кардааст. Агар бинам, њатман мегўям, ки ако, дигар ин тавр нанависед. Афѓонњо одамони зўр ва соњибминбар. Мо то ба он њад ољиз шудаем, ки аз хориљї њам талаби мадњу ситоиш кардани хешро мекунем ва минбари масљидамонро дар ихтиёри онњо мегузорем. Аммо чаро агар рўњониёни маъруфи кишвар, барои мисол, Тўраљонзодањо мардумро ба роњи њаќ даъват кунанд хушатон намеояд? Чаро агар Мулло Абдурањими Ќазоќонї, Њољї Мирзо аз минбар сухан кунанд, дањонашонро мебандем? Онњо мардумро аз зино, бадмастї, њаромкорї парњез кунед, мегўянд. Пас, мо чї хулоса кунем? Ё дигар ба фармудаи бузурге иктифо кунем: «Мењмон рўзї зи худ меовараду гуноњи мизбон мебарад…» Ман њайрон…

се назар

Чаро пайвандони мансабдорони тољик «дастдарозанд»? Љ

А

Фирўз Саидов, тањлилгари МТС

з маќоми мансабдорон суйиистифода кардани наздикону пайвандони ин ба мардуми мо аз замони шўравї мерос мондааст. Дар давлати шўравї њам буданд онњое, ки аз маќоми дустонашон истфода карда, корњои худро ба сомон мерасониданд. Њоло бошад дар баъзе аз њолатњо вазирону раисон намедонанд, ки дустону наздикони онњо суйистифода аз вазифаи эшон мекунанд. Аслан ин падида на танњо дар Тољикистон, балки дар тамоми кишварњои Осиёи Марказї идома дорад. Дар кишварњои Шарќї нисбат ба давлатњои Ѓарбу Аврупо ин раванд бештар ба чашм мерасад.

Воњидхони Ќосиддин, коршинос

омеаи тољик барои анљом додани кори худ ва аз роњњои маъмуливу ѓайримаъмулї истифода кардан аз замони шўравї одат кардааст. Он замон низ пайвандону дўстон аз наздики курсидоштаи худ истифода мекарданд. Аммо мутаасифона ин кор њоло ба ављ расидааст. Вазъият чуноне шуда, ки гуиё њама кор барои дўстон ва наздикони мансабдор дар Тољикистон раво бошад. Њамаи ќонунро поймол мекунанд, барои манфиати худ, манфиати оила. Ин аст, ки сатњи фасод дар кишвар афзоиш ёфта, бойиси ба аќиб рафтани мо шудааст. Бо ин шаклу тафаккур мо ба њеч куљо намеравем. Ин мушки њали худро он замон пайдо хоњад кард, ки агар мансабдорони имрўзаи давлатии мо курсии худро тарк кунанд. Шояд бо сари мансаб омадани кадрњои љавон ва берун аз доираи тафаккури хешутаборчигї, тавонанд вазъиятро таѓйир бидињанд.

Б Файзиниссо Воњидова, њуќуќшинос

а назари ман суйистифода аз вазифаи мансабдорон барои мо аз замони шўравї мерос мондааст. Дар баъзе њолатњо мардуми мо аз он фахр њам мекунанд, ки гуиё хешутабори тавоное сари курсї доранд. Одат ва ё худ менталитети тољикона шудааст. Имрўз мебинем, ки дар кадом бахше набошад наздикон, дустон ва пайвандони раисону вазирон корњои худро осон “њал” мекунанд. Албатта ин раванд пайомади хуб надорад. Ба назари шахсии ман агар бахши иљтимоии кишвар як каме бењтар шавад, мушкили аслї њали худро пайдо хоњад кард. Њоло тамоми мансабдорони мо як њадаф доранд, ин њам ба даст овардани манфиатњои хеш бо роњи муфт. Аз ин хотир барои бартараф кардани ин мушкил мо бояд бахши иљтимоиро фаъол гардонем.


№23 (283)  12 июни соли 2013

5

иќтисод ёнгини истеъмол бошад, дараљаи рушди мањсулоти кишоварзиро танњо 0,3 фоиз дар сол убур мекунад, ки озодсозии бахши кишоварзиро дар Чин нишон медињад. Вале табиист, ки тавоноии Чину Тољикистон ќобили ќиёс нест. Аз њамин љињат иќтисоддонон мегўянд, ки дар сурати вуќуъи болоравии нархи мањсулоти кишоварзї Тољикистон на онќадар тавони муќобила бо онро дорад. Иќтисоддон Собир Лутфуллоев бар ин назар аст, ки Тољикистон ба далели надоштани захоири молї наметавонад аз афзоиши нархњо љилавгирї кунад. Бо ин вуљуд гуфта мешавад, ки давлатњо метавонанд танњо баъзе мањсулоти озуќаи худро таъмин кунанд, вале пурра наметавонанд. Ба эътиќоди Фирўз Саидов, Тољикистон набояд барои таъминоти худ 5 миллион тон ѓалла истењсол кунад. Зеро Тољикистон дигар мањсулотњоро њам истењсол мекунад. Новобаста аз ин ки 7 фоизи замини кишвар ба кишт мувофиќ асту 93 фоизаш куњистон аст, хатарњои мављудаи озуќавории чанд соли ахири

Тољикистон худро пурра бо колоњои ѓизої таъмин карда наметавонад ва маљбур хоњад шуд то мањсулоти истеъмолиро аз дигар кишварњо ворид кунад.

Хатари навбатї ба Тољикистон Созмони ѓизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузориши нави худ бо номи «Чашмандози кишоварзї дар соли 2013-2022» гуфта, ки дар 10 соли оянда ба далели коњиши заминњои муносиб ва кам гардидани манобеи табиї истењсоли мањсулоти кишоварзї коњиш ёфта нархи ин он боло хоњад рафт. Сиёвуш ќосимзода facebook.com/Sivush

Тољикистон барги ларзанда нест?

Тибќи ин гузориш миёнгини рушди истењсоли мањсулоти кишоварзї 1,5 фоизро ташкил хоњад дод. Аз соли 2003 то 2012 ин нишондод 2,1 фоизро дар сол ташкил дода буд. Аз ин рў, коршиносони (ФАО) пешбинї мекунанд, ки бо коњиши рушди тавлид ва афзоиши таќозо дар миёнамуддат, нархи мањсулоти кишоварзї болотар аз миёнгини таърихї боќї мемонад. «Нархи боло ангезае барои афзоиши тавлид хоњад буд ва бояд коре кард, ки кишоварзони фаќир тавонанд аз афзоиши нархњо фоида гиранд. Набояд фаромуш кард 70 дарсади ањолии дунё, ки бо камбуди ѓизої мувољењ њастанд, дар манотиќи дењоти кишварњои рў ба тараќќї зиндагї мекунанд», гуфтааст директори генералии (ФАО) Жазе Гратсиану. Бо таваљљуњ ба рушди ањолї, афзоиши даромад, шањрнишинї ва таѓири низоми ѓизої, истењсоли колоњои асосии кишоварзї дар Аврупои шарќї, Амрикои лотин ва Осиёи марказї боло хоњад рафт. Нозим Ишанкулов директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон ин гуфтањоро таќвият бахшида болоравии нархи молњои истеъмолиро дар оянда ногузир дониста мегўяд, ки таваррум

нархњои молњои кишоварзиро дар љањон афзоиш хоњад дод. Њолати таваррум њам замоне рух медињад, ки бонкњои марказї пулро бисёр чоп мекунанд аз љумла доллару Евроро. Дар ин вазъият Тољикистон дар муќобили ин давлатњо њеч коре карда наметавонад, зеро ин њуќуќи он давлатњост. Вале афсус, ки њама оќибатњои манфии ин сиёсати пулиро њис мекунад. «Истењсоли молњои кишоварзї њам як намуди соњибкорист, вале маълум аст, ки дар Тољикистон шароит барои бурдани фаъолияти соњибкорї хеле нохуш мебошад. Замин њам амволи давлатисту барои гирифтани он дењќон бояд дар идорањои давлатии мо ваќту пул сарф кунад . Зеро ин намуди кор бисёр бюрократї аст. Ва њар ќадар бюрократия зиёд бошад њамон ќадар низ коррупсия рушд меёбад», гуфт Нозим Ишанкулов. Ба гуфтаи директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон, барои коркарди молњои кишоварзї таљњизоти махсус лозим аст. Дар худи Тољикистон таљњизотњо бо технологияњои навзамон тамоман истењсол намекунанд ва њамаи онњоро аз хориљ ворид кардан лозим аст. Мутассифона барои ворид кардани таљњизот њам бисёр ваќту маблаѓ барои кор кардан бо Хадамоти гумруки Тољикистон

лозим мешавад. Дар њамин маврид Фирўз Саидов иќтисоддони тољик зиёд шудани ањолии дунё ва таъмини онњоро бо маводи ѓизої аз мушкилоти асосии асри 21 хусусан барои Осиёи марказї медонад. Номбурда мўътаќид аст, ки норасоии ѓизої дар тамоми дунё њис мегардад ва новобаста аз он ки намудњои нави хурокворї истењсол мегардад, мушкил њамчунон боќист. «Ањолии Тољикистон сол аз сол зиёд шуда истодаасту аз 8 миллион гузаштааст. Бо ин вуљуд зиёдшавии ањолї нисбат ба солњои шўравї камтар аст. Агар то солњои 1990 ба њисоби миёна њар сол ањолии Тољикистон 3,8 фоиз зиёд мешуд, имрўз 2,2 фоиз афзоиш меёбад. Яъне 1,5 маротиба кам шудааст. Инки Тољикистон то чи андоза метавонад худро бо озуќаворї пурра таъмин намояд бояд гуфт, ки ягон давлати дунё наметавонад ба таври комил худро бо ин мавод таъмин созад», иброз намуд Фирўз Саидов.

Чин дигару Тољикистон дигар

Коршиносони (ФАО) бар инанд, ки кишварњо метавонанд худро бо маводи ѓизої таъмин созанд. Чунончи аз соли 1978 њаљми тавлидоти мањсулоти кишоварзии Чин 5 маротиба афзоиш ёфт. Ми-

љањон барои Тољикистон як мактаб шудааст. Чунончи тавлиди ѓалла ва дигар намуди мањсулот таи ин 20 сол дар Тољикистон 2-3 маротиба зиёд гаштааст.

Хатарњо боќист

Муддатњост, ки коршиносон аз вазъияти соњаи кишоварзї ибрози нигаронї мекунанд. Собир Лутфуллоев иќтисоддони тољик мегўяд, ки агар дар солњои наздик њукумат дар бахши кишоварзї як ислоњоти густардае роњандозї накунад, амнияти ѓизої дар кишвар зери хатар меравад. Чун аксарияти хољагињои дењќонї дар ќарз ѓутта задаанду њатто пули барќи пойгоњњои обкашониро наметавонанд супоранд. «Нархи нурињои минералї њам бинобар аз кор мондани корхонаи нурињои азотии Вахш хеле гарон шудааст. Агар ин њолат идома ёбаду давлат ба кишоварзон аќаллан ягон барномаи ќарзњои бефоизро пешнињод накунад, соњаи кишварзии мо дурнамои хубе нахоњад дошт», изњор дошт Собир Лутфуллоев. Иќтисоддонон чунин мешуморанд, ки мушкили озуќаворї пеш аз њама бо баланд шудани нархи сузишворї таносуб дорад. Агар солњои 2000 як барел нафт 12 доллар буд, акнун 8 маротиба зиёд шудааст. Агар давлат мехоњад, ки амнияти ѓизоии худро таъмин намояд, бояд технологияи нави мављуда дар дунёро истифода барад. Истифодаи технологияи нав њам пеш аз њама ба сузишворї вобастагї дорад. Барои њамин вобаста ба афзоиши ањолї ва нархи нурињои маъданї ќимати мањсулот боло меравад. Инак, ки Тољикистон ба Созмони љањонии тиљорат дохил шудаст, 6 сол мўњлат дорад то худро бо стандартњои ин созмон мутобиќ намояд. Масъала инљост, ки Тољикистон бояд бозори дохилияшро таъмин созаду молњояш дар бозори дохиливу љањонї раќобатпазир бошад. Њарчанд дар Тољикистон лоињањои бењтар кардани оби обёрї, амнияти озуќаворї ва таъминот бо тухмињои њосилнокияшон баланд љарён дорад, вале бо таваљљуњ ба душвории рўзафзуни вазъияти озуќавории љањонї иќтисоддонон мегўянд, ки Тољикистон худро пурра бо колоњои ѓизої таъмин карда наметавонад ва маљбур хоњад шуд то мањсулоти истеъмолиро аз дигар кишварњо ворид кунад.


6

№23 (283)  12 июни соли 2013

пурсиш

Кай аз талаби кумак халос мешавем? Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС Агар файлсуфона гуем, њамачї рўзе ба поён меояд минљумла кумак хостанњо. Чун бо афзудани имкониятњои давлатї њољат ба илтимос њам намемонаду баръакс худи мо метавонем ба кишварњое монанди Афѓонистону дигар њамсояњое, ки фаќиртар бошанд кумак кунем. Барои ин бояд заминањоро созему тамоми низоми иќтисодии мо хуб кор кунаду низоми идоракуниямон самаранок бошад. Танњо дар ин њолат аз ин кумакталабињо халос мешавем. Шояд баъди 5-7 сол мо аз ин кумакњо халос шавем. Ин њам ба хотири он аст, ки Роѓун сохта мешаваду корхонањои мо бо афзудани барќ зиёд мегарданд. Ба амнияти ѓизої таъмин мегардаду роњњои хуб дар кишвар сохта мешавад. Яъне аз њар як соњаи иќтисодиёт маблаѓ ба буљети кишвар чакида меистад ва ваќте буља зиёд шуд њамаи ин иртиботњо худ аз худ аз байн мераванд. Руњияи мо бояд ингуна набошад ва љавонон ѓурури миллї дошта бошанду њечгоњ аз касе чизе нахоњанд.

Сайидумар Њусайнї, муовини аввали раиси ЊНИТ Офаринишро Худо чунин офарида, ки њамаваќт инсонњо ба њамдигар эњтиёљ доранд ва доимо аз якдигар кумак мехоњанд. Кумак хостан ин хилофи табиати башарї нест. Њарќадар инсон ќудратманд мешавад эњтиёљоте дорад, ки онро аз касе мехоњад. Њукуматњо абарќудрат њам бошанд, аз давлатњои заъифтар кумак мехоњанд. Дар умум метавон гуфт, ки кумак хостан чизи баде нест. Вале дар кишвари мо кумак хостан ба тамаъ табдил шудааст ва тамаъ ба табиат. Инљост љои хатар, ки паёмбари мо доим мегуфт, Худоё ман аз тамаъе ба сўи ту паноњ мебарам, ки он ба табиати башарї табдил шавад. Ин чизи бад аст ва умедворем, ки кишвари мо тамаъро барои худ як касб ќарор надињад. Дар ягон њолатњои истисної, ки худ сохта наметавонад аз кишвари дигаре кумак хоњад. Масалан дар чопи алифбои ниёгон кумак хостани вазири маориф чизи баде нест, чун Эрон њамсояи њамзабони мосту борњо омодагии худро барои ин кор нишон додааст. Вале танњо замоне ин кумак хостан ќатъ мешавад, ки кишвари мо як мамлакати мардумї ва демократї бишаваду тамоми нињодњо ба таври шаффофу демократї аз љониби мардум интихоб шаванд. Ва парлумону раёсатљумњурии воќеан мардумї дошта бошаду дар 90 дарсад аз мушкилоти кишвар ба мардум мурољиат шавад ва онњо њукуматро дастгирї намоянд, ки дар ин њолат 90 фоизи ниёзњояш бароварда мешавад. Шояд танњо барои 10 дарсад ниёзњое, ки дар дохили кишвар бароварда намешавад, баъдан ба дигар кишварњо мурољиат сурат гирад. Танњо дар ин ваќт аз тамаъ кардан мо халос мешавем. Аммо агар тамаъ ба табиати мо табдил шавад, ин љои хатар ва таассуф дорад.

Исмоил Рањматов, коршиноси масоили сиёсї Кумакњои кишварњои хориљї ба шарте, ки за тарафи нињодњои дастраскунандаи ин кумакњо дуруст истифода шаванд хубанд. Инки кай аз ин ќарзњо халос мешавем, љавобаш хеле мушкил аст. Кишварњое чун Ќазоќистону Узбакистон баъди ба даст

овардани истиќлолият хеле пеш рафтанду аз ин ќарзњо љињати баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум истифода намекунанд. Ќирѓизистону Тољикистон кишварњои аќибмонда њастанду таи солњои наздик аз ин чиз халосї надоранд. Маљбурем, ки аз Ќазоќистону Русияву дигар њамсояњо ќарз гирем.

Абдуѓанї Мањмадазимов, раиси АМСТ То ваќте ягон моли умумимиллї коркард ва пешнињод нашавад, мо дар њамин њолат мемонем. Ман боварї надорам, ки дар ояндаи наздик ин кумакњо ба поён мерасад. Чунин рафтор алакай инкишофи миллиро халалдор мекунад. Савол ба миён меояд, ки оё тунели Истиќлол ба мо лозим аст ё барои Эрон, ин тунел моли мост ё моли онњо. Яъне идеологияи талбандагї то њамин дараља дар мо амиќ шудааст, ки мо њатто дар обод кардани як гушаи хонаи худ ба бегонагон нигоњ мекунем. Дуст њам бошанд, онњо бегонаанд чун зиндагии худро доранду миллаташон њам дигар аст. Такя ба нерўи дохилї неву берунї мешавад, ки ин хеле њам хатар дорад. Њатто пагоњ гуфтанамон мумкин аст, ки мо артиш надорему биёед њимояи миллатро бар души дигарон гузорем. Албатта ин мафкура ба инкишофи миллї ва давлат мусоидат накарда дар мо хусусиятњои бегонапарастиро парвариш медињад, ки ин ба инкишофи миллї рост намеояд.

Шокирљон Њакимов, доктори улуми њуќуќ

Агар воќеияти Тољикистонро ба инобат гирем, тањлилњо аз он гувоњї медињад ки солњои наздик кишвари мо аз созмонњои молиявии байналмиллалї ва давлатњои алоњида вобаста мемонад. Зеро аз баски молњои истењсолшаванда дар Тољикистон раќобатпазир нест ва дар бозори љањонї камтар мањсулоти Тољикистон ба назар мерасад, таносуби молњои ворид-

шаванда аз содиршаванда хеле фарќияти калон дорад. Инчунин набудани шароити мусоид барои фаъолияти соњибкорї, коррупсия ва дигар падидаву зуњуротњои номтлуб самарабахшии татбиќи барномањои иќтисодии њукуматро халлалдор менамоянд. Баинобарин тавре, ки мушоњида мешавад ин сўњбату мулоќотњо дар сатњњои мухталиф албатта мансабдороне, ки Тољикистонро муаррифї мекунанд, кўшиш менамоянд, ки дар шакли кредит ё грант аз созмонњои хориљї ва давлатњои мушаххас барои анљоми корњо маблаѓ хоњиш намоянд.

Ќосими Бекмуњаммад, коршиноси масоили сиёсї Ќарз гирифтан фаќат хоси кишварњои аз назари иќтисодї хурду заиф нест. Таќрибан 200 кишвар, ба шумули пешрафтатарин кишварњои дунё, ќарзи хориљї доранд. Ќарзи баъзеи онњо хеле бештар аз њаљми мањсулоти нохолиси миллиашон будаву ба сари њар нафар аз шањрвандонашон њазорњо доллар рост меояд. Масъалаи муњимтар чигунагии истифода аз ќарзњои хориљист. Агар кишвар воќеан аз он самаранок истифода бурда тавонаду заминаи рушди иќтисодї ва иљтимоияшро фароњам кунад, хуб аст. Зеро ин масъала дар нињоят ба бозгардондани ќарзњо кўмак хоњад намуд. Аммо ваќте аз ќарзи хориљї «сањм»-и ину он људо карда мешаваду баъдан он чи мемонад барои иљрои тарњњо истифода мешавад, њам сифати кор аз байн меравад ва њам баргардондани ќарз сахт мешавад. Вале дар умум ќарздорї чизи хубе нест. Зеро хатари ба одат ва њатто як навъ зењният ва менталитет табдил шудани он вуљуд дорад. Аз кї ќарз гирифтанро њам бояд донист. Чаро ки ин масъалаи муњим аст. Масалан, ваќте Ќирѓизистони њамсояи мо барои рафъи камбуди либоси пулиси худ аз Русия ёрї хост, баъзе аз расонањои русї дарњол ба масхараи ин кишвар пардохтанд. Аз љумла Иван Ургант – яке аз ситорањои телевизионии Русия, дар барномаи «Вечерний Ургант» даќиќан чунин гуфт: Дар анбори мо 50 ли-

боси кўњнаи пулис вуљуд дошт, ки кайњо аз хотирњо фаромўш шуда буд. Роњбарони Ќирѓизистон омаданду хоњиш карданд: Пулиси мо луб луч мондааст, оё либосе доред, ки ба мо бидињед? Ва мо њам њамон либосњоро додем… Масхараи кишвари њамсоя мањдуд ба ин намонд. Њатто баъзе аз расонањои кишварњои хориљи дур низ Ќирѓизистонро «кишвари талбанда» номиданд. Ин дигар ваљња ё худ имиљест, ки аз ќарздории кишварњо аз хориљињо њосил мешавад. Аз ин назар вазъияти мо њам аз Ќирѓизистони њамсоя бењтар нест. Аммо агар сўњбат аз кўмак гирифтан аз Эрон аст, ба ин масъала як миќдор аз зовияи дигар бояд нигоњ кард. Дар њар сурат, Эрон бархилофи баъзе аз созмонњо ва кишварњои кўмаккунанда ёрии худро марбут ба пешшартњои нонавиштаи сиёсї намекунад, ки ин нуктаи бисёр муњим аст. Ба назари ман дар заминањои илмї, омўзишї ва фарњангї мо хеле бештар аз ин метавонем аз зарфиятњои Эрон истифода кунем. Аз ин лињоз ёрї хостан аз ин кишвари дўсту њамзабон њеч зиёне надорад. Фаќат бояд бо њадафу барнома пеш рафт ва аз дастовардњои хуби Эрон дар ин заминањо истифода карда тавонист. Чизе, ки камтар ба он таваљљуњ мешавад.

Парвиз Муллољонов, сиёсатшинос Ин фикри њам коршиносони дохилї њам хориљии соњањои иќтисодиёт аст, ки бисёрашон таъкид карда буданд ягона роњи пайдо кардани будљаи кофї ин барпо кардани соњаи саноат пеш аз њама бахши истењсолияш мебошад. Ваќте, ки корхонањо барпо мешаванд, њам будља пур мешавад ва њам маблаѓи лозима барои маорифу дигар соњањо пайдо мешаванд. Албатта масраф кардани грантњо дар соњањои маорифу тандурустї мушкиле надорад вале агар кредитњои дарозмуддат бошад, ин на барои Тољикистон ва на барои ягон давлати дигар хуб нест. Зеро ин ќарзњоро баргардонидан лозим, агар мо барнагардонем, ин фоизро фарзандони мо пардохт мекунанд.


№23 (283)  12 июни соли 2013

7

мушкил

Чанд зиёиро мешиносед? Дар Тољикистон њама худро интеллигент мешуморад. Њар нафаре аз ин вожа ба ќадри фањмиш ва идрокаш таъриф мекунад. Яке пањлўи мансабдорон истоданро нишони зиёї будан мефањмад, дигарї њангоми суњбати президент бо виќор каф куфтанро. Афроде низ њастанд, ки мегўянд, зиёї, будан њарфи худро доштан аст. Аммо чаро имрўз интеллигент ба ёдамон расид? Абдулазизи Восеъ

facebook.com/abdulaziz.voseev

Як дидгоњи хоси Олга Тутубалина, хабарнигори «Азия-Плюс» бо номи «Неинтеллигентно об интеллигенции» ахиран сару садоњои зиёдеро ба бор овард. Димоѓи дањњо нафар «сўхт» ва дањњо тани дигар дар њолати хашму ѓазаб ба он вокуниш нишон доданд. Иттифоќи нависандањо нишасти изтирорие орост ва масъулини расонањои Тољикистону њатто Иттифоќи расомонро даъват намуд, то андешањои шахсии Олгаро ба баррасї бигиранд. Даќиќан маълум набуд, ташабускорони ин нишаст аз љамъ кардани ин афрод чї мехоњанд. Аммо њадафи як матлаби рўзномаи давлатии «Љумњурият» маълум буд. Ба муаллифи он дидгоњи бонуи Тутубалина писанд наафтодааст. Атохоља Мирзољалолов дар матлаби «Тутуњои Тутубалина» ба ќавле «титу пити»-и Олгаро баровардааст. Дар баробари он ки љаноби Мирзољалолов хабарнигори «Азия-Плюс»-ро дар бешарафию боз ким чињо муттањам кардааст, ба бархе расонањои хусусї тамѓаи бегонапарастиро њам часпонда. Олга Тутубалина дар матлаби «Неинтеллигентно об интеллиген-

ции» аз Ленин иќтибос оварда буд, ки: «Интеллигенция - это не мозг нации, это ее говно». Так говорил вождь мирового пролетариата Владимир Ленин, так хочется сказать и мне, читая новости о возвращении на родину поэта Бозора Собира…». Дар ин навишта Тутубалина андешаи худро перомуни зиёини тољик баён карда ва ба назар мерасад ба онњое ки худро зиёї медонанд сахт писанд наафтодааст. Бањсњо атрофи матлаби Олга, маќолаи љавобї ба он ва раду бадалњо атрофи зиёиён водор сохт, ки ба мавзўи интеллигент рў биорем. Интеллигетњо кињоянд онњо, чї наќше доранд ва куљоянд? Ба андешаи ин љониб зиёї ё њамон интеллигент фарде бояд бошад, ки сиришту аќлу одобу рафтораш намунавї буда, ба њеч ваљњ балегўяки касе набошад. Доштани андеша ва мавќеи шахсї низ муњим аст. Асадуллоњи Вализода дар матлабе, ки торнамои «nahzat.tj» нашр кардааст, зиёиёни тољикро ба се гуруњ таќсим мекунад. Ба гуруњи аввал зиёиёнеро шомил карда, ки дар маќомоти гуногуни давлатию љамъиятї фаъолият на-

муда, ё аз ин нињодњо ба нафаќа мебароянд ва аз оќибати ногувори баъзе аз тасмимгирињои маќомоти њукуматї нисбат ба масоили умдаи кишвар парвое надоранду ибрози назари судманди миллї намекунанд. «Ба фикри коршиносон ин гуна зиёиён чун даврони шўравї њамчун як силоњи идеологї истифода мешаванд, дар бораи сиёсати «хирадмандона» сухан меронанд, на мушкилињои љомеа. Ба ин гурўњ аксари уламои расмї низ мањсубанд». Ба андешаи ў ба гуруњи дуюм зиёиёну уламои озодандешу мустаќил шомиланд. “Чунин равшанфикрон бо мавќеи мушаххаси худ њамеша гули сари сабади мањфилњо буданд ва њастанд. Баъзеашон бар асари љанги дохилї ё кушта шуданд ё дур аз диёр умр ба сар мебаранд, вале дар ѓами миллату кишвар андешаронї мекунанд. Иддае аз ин зиёиён ва уламо дар сафи њизбњо ва њаракатњои сиёсї шомил њастанд ва назарњои љолиберо дар љомеа матрањ мекунанд”,-гуфтааст Асадуллоњи Вализода. Ва гуруњи сеюм ба ном зиёиёнанд: “Мавќеи бетарафиро ишѓол карда, аз шарњу баёни масоили

““

Рўшанфикр њамонест, ки мутаассифона ўро дар ягон љой намепазиранд. Рўшанфикр пеш аз њама инсони бовиљдон аст. Рўшанфикр, ё зиёї наметавонад дурўѓ гўяд, наметавонад дар ќалб як фикр дошта бошад, аммо дар забон дигар. Афкораш дигар бошаду асараш дигар, суханаш дигар бошаду навиштааш дигар».

бањсталаб канор мераванд. Онњо аз ибрози андеша тарсу њарос доранд ва масъулияту рисолати ањли зиёро зери по мегузоранд. Яке аз сабабњои ноком шудани њаракати нерўњои озодихоњу демукротик ва исломї дар дањаи 90-и ќарни гузашта ва ба вартаи љангу љидол кашида шудани миллат мањз ба бетарафию хомўшї ва сустиродагии ин зумра зиёињо ва уламо марбут аст”. Аммо Барзуи Абдураззоќ, коргардони маъруфи театр шинохти дигаре аз зиёї дорад. Ў зиёиро як фарди рўшанфикр медонад, ки њамеша оштинопазир аст ва гузашт намекунад: “Ў њаргиз аз пайи унвону љоизањо намеравад. Ў муносибати худро ба њар асар, ба њар воќеа, ба њар њодиса рўшан баён мекунад. Рўшанфикр њамонест, ки мутаассифона ўро дар ягон љой намепазиранд. Рўшанфикр пеш аз њама инсони бовиљдон аст. Рўшанфикр, ё зиёї наметавонад дурўѓ гўяд, наметавонад дар ќалб як фикр дошта бошад, аммо дар забон дигар. Афкораш дигар бошаду асараш дигар, суханаш дигар бошаду навиштааш дигар». Ва аммо ба андешаи ман соддатарин таърифи зиёиро устод Муњаммадљон Шакурї, академики равоншод дар нашрияи “Миллат” карда буд: «Зиёиён касоне њастанд, ки дар бораи муњимтарин масъалањое, ки дар љомеаи имрўз вобаста ба миллат њаст, бисёр фикр мекунанд. Дар бораи њалли масоили муњим њамеша њарфи муайян доранд. Онњо фикрашонро

ба воситаи матбуот, навиштањо, баромадњояшон баён мекунанд. Љомеа аз рўи њамин андешањои ањли зиё роњу равиши худро муайян мекунад. Наќши зиёиён барои муайян шудани сиёсати рўз ва фарњанги илмї ва дигар соњањои сиёсат бисёр ањамият дорад, ба шарте ба ин хулосањои ишон гўш намуда љиддї муносибат кунанд, љиддї дар тамоми љомеа муњокима кунанд». Бо вуљуд баъзан атрофи ба кадом гуруњ мансуб будани зиёї раду бадалњо зиёд мешавад. Зимнан, торномаи «millat.tj» дар назарсанљие аз хонандањояш пурсидааст, ки «Зиёї кист?» Аз 1105 нафар беш аз 39 дар сад рўшанфикронро зиёї гуфтаанд. Боќимонда 17 фоиз руњониён, 10.5 фисад муаллимон, 10.5% ришдорон, 4.6 дар сад галстукдорон, 4.3 фоиз аъзои Иттифоќи нависандањо ва 3.5 фисад сарватмандонро зиёї хондаанд. Ман ба андешаи онњое розї њастам, ки зиёиро танњо як одами донишманду бомаќому мартаба ва обрўву иззати баланд намедонанд, балки зиёиро фарди бољуръат, љасур ва њимматбаланд мешиносанд. Зиёї воќеан бояд нафаре бошад, ки њамеша пайи ислоњот аст, дар рубарўи нуќсу камбудињои љомеа наметавонад хомўшї ихтиёр кунад. Ў њеч гоњ аз гуфтани

њарфи њаќ намењаросад, парвои аз даст рафтани курсї, маќом ва мартабаро надорад. Ѓуломи њаќиќат, адолат ва ростї аст. Агар чунин аст, Шумо чанд зиёиро мешиносед?


8

№23 (283)  12 июни соли 2013

гуфтугў

Роњи мо ба Кобулу Тењрон набояд тавассути Маскав бошад Тољикистон аз марњилаи баргузории интихобот то замони расман ба кор шурўъ кардани шахси дастболо дар раќобати сиёсии Эрон бояд тамоми воситањоро барои роњандозї кардани манфиати худ тарњрезї бикунад. Рашид Ѓанї Абдулло, коршиноси масоили сиёсї дар суњбат ба «Озодагон» мегўяд, ки Тољикистон дар баъзе аз масоил бояд аз Эрон ибрат гирифта, барои расидан ба ањдофи худ тамоми роњњоро бояд истифода бикунад.

-Ба назари Шумо кадоме аз номзадњо ба курсии раёсатљумњурии Эрон имкони бештари ба даст овардани пирўзиро дорад? -Интихобот ба маќоми раёсати љумњури Эрон як маъракае мебошад, ки таќрибан њеч шахсе имкони пешбинї кардани ѓолиби онро надорад. Чунки раќобати воќеъї вуљуд дорад. Барои мисол њеч кас тасаввур карда наметавонист, ки дар соли 2005 Мањмуди Ањмадинаљод имкони раисљумњур шуданро дошт. Њамон тавре, ки аз ў ќаблтар Сайидмуњаммади Хотамї вориди сиёсат шуда буд. Интихоботи раисљумњур дар Эрон ин кори бевоситаи мардум аст. Илова бар ин номзадњо њам барномањои мушаххас доранд ва барои ба даст овардани нуфуз корњои таблиѓотї мегузаронанд. Аз њамин хотир барои ба даст овардани ѓолибият табиист, ки дар Эрон раќобати шадид сурат мегирад. Аз љониби дигар мављудияти чунин раќобат хуб аст. Ин намегузорад, ки дар Эрон як навъ карахтиву муњити ботлоќї ба вуљуд ояд. -Давраи раёсатљумњурии Мањмуди Ањмадинаљодро чї гуна арзёбї мекунед? -Дар таърихи давлатдории Эрон Мањмуди Ањмадинаљод нафаре буд, ки ба тамоми фишорњои Ѓарб ќавї буд. Давлатњое буданд, ки корњои љиддиро дар нисбати Эрон мехостанд роњандозї намоянд, ба монанди амалиёт дар Ироќ. Аз ин хотир барои Эрон рањбаре лозим буд, ки дар ќиболи фишорњои Ѓарб истодагарї карда тавонад, ба сахтгўињои онњо љавоб бигўяд. -Аммо баромаду изњоротњои Мањмуди Ањмадинаљодро на њамеша љиддї ќабул мекарданд... -Оне, ки суханронї ва изњороти Мањмуди Ањмадинаљодро ќабул доранд ё не, ин муњим нест. Муњим он аст, ки Ањмадинаљод мавќеъашро матрањ кардан мехост ва мегуфт, ки ин давлати ўст. Ба назари шахсии ман шиддатгароии Ањмадинаљод буд, ки дигаронро аз фикри њамла овардан ба Эрон боздошт. Њамин буд, ки Эрон билохира тавонист дар шакли комил фанноварињои њастаиро аз худ кунад. Барои Эрон лозим буд, ки 20 дарсад ѓанисозии уранро ба даст орад, ба ин кор муваффаќ шуд. Тавассути ин роњ тавонистанд, ки тамоми љомеаро ба роњи рушди технология тањвил бидињанд. Ман метавонам бигўям, ки

дар 8 соли раисиљумњур будани ў Эрон ба кадом муваффаќият ноил гашт. 1. Пеши роњи њамлаи имконпазири ѓайринизомиро гирифт. 2. Барои пешрафти илмїсаноатї такони зиёд дод. 3. Барои таъмини итминон ба худ, худиктифо хеле корњоро анљом дод. То замони раёсатљумњурии Мањмуди Ањмадинаљод Эрон мушкиле дошт, нафт дошт, аммо бензин надошт. Бо сарварии Ањмадинаљод корхонањои зиёдеро сохтанд. Ќаблтар аз ў агар ба њусни шањрњо ањамият медоданд, Ањмадинаљод бештар ба русто таваљљўњ кард. 4. Зиёда аз ин ислоњоти бозаргониро ба амал овард. Дотатсияи нархњоро аз байн бурд. Дар умум Ањмадинаљод корњоеро анљом дод, ки ўро љомеаи Эрон баъзан мавриди интиќод ќарор медод. Аммо ў корњоро нотарсида анљом медод. -Аммо дар соли 2009 њангоми бори дуввум нишастан ба курсии президентї коршиносон мегуфтанд, ки барои расидан ба ин њадаф Ањмадинаљод бисёре аз дигарандешони худро саркўб карда, ба таври шаффоф курсиро ба даст наовард. -Ин њама пешгўйии мардуми ѓарбитабор буд. Онњо фарњанги дигар мехостанд. Ин тавр нашуд. Мо дидем, ки Ањмадинаљод дар давраи дуввуми раёсати худ бо рањбарони инќилоби Эрон њатто сар ба сар шуд. -Яъне гуфтаниед, ки Мањмуди Ањмадинаљод як сиёсатмадори муваффаќ буда, дар амалњои худ њеч норасоие надошт? -Албатта не. Шиддатгароии ў натиљаи баръакс дошт. Дар сиёсати байналмиллалї ин баръало маълум буд. Дар умум Ѓарб аслан шиддаткорињои Шарќро тањаммул намекунад. Буданд њолатњое, ки аз суханронињои худ бояд даст мекашид. Аммо ў ба изати нафси касе нарасид. Њамчун рањбари як давлат њамеша омодаи вориди шудан ба мубориза буд. Новобаста ба замон, баъзан бар зарари худ, аз њар минбаре бошад, баъзан аз минбари СММ нуќтаи назари худро мегуфт. Он корњоеро, ки Мањмуди Ањмадинаљод мекард, таќозои замон буд. Мањмуди Ањмадинаљод шахси прогматик буд. Вале номзадњои ин дафъа хеле технократ њастанд. Яъне, ба назари ман Эрон бо шарофати сахтгирии Ањмадинаљод ба сатње расидааст, ки њамакнун бояд дар ин сатњ устувор бо-

шад. Умуман мардуми Эрон замони интихоби раиси љумњур маљмўи сифатњоро ба инобат мегиранд. -Ањмадинаљод дар робита ба Тољикистон чї корњои мусбатеро анљом дода тавонист? -Дур намеравем. Бунёди нерўгоњи «Сангтўда-2». Эрон ягона кишваре, ки омодаи амалї намудани тарњњои энержии пуриќтидори мо аст. Ягона давлате, ки ин тарњњои моро амалї мекунад. Бо як «Сангтўда-2» иктифо нахоњад кард, ва ваъда низ додааст,к и баъдан ба самти Зарафшон хоњад рафт. Албатта комилан анљом додани ин кори Эрон аз Тољикистон вобаста аст. Бубинед, на Русия ва на Чин то ин замон ин корњоро анљом надоданд. Дар мавриди Амрико њољати гап нест. Ин давлат имкони маблаѓгузориро надорад, одатан ширкатњои хусусии худро мефиристад, ки онњо бештар рў ба Узбакистон ва Туркманистону Озорбойљон овардаанд. Зеро нафту газу тиллои зиёд доранд. Нафту газу тиллои

Тољикистон бошад, дар он умќе њаст, ки ширкатњои амрикої бештар «равем ё наравем» мекунанд. Аз ин се шарики аслї њоло Эрон ягона давлатест, ки имкони ёрї расонидан ба Тољикистонро дорад. Мутаасифона дар мо аз ин имконият истифода намекунанд. Тољикистон дар бештар масоил аввал љонибњои дигар мутаваљљењ шуда, баъди нокомї рў ба Эрон меорад. Ин тарзи рафтор ва ё моделро бояд таѓйир дод. Бо ин роњ Тољикистон муваффаќ намешавад. Мо бояд дарк кунем, ки аз он манфиатљуйњо дар осиёи Марказї њеч гоњ бидуни розигии Узбакистон барои бунёди тарњњои энержї ба мо ёрї нахоњанд расонд. Барои онњо нигоњ доштани муносибати хуб бо Узбакистон дар авлавият ќарор дорад. Аммо Эрон њар вазъу сабабе набошад ба Тољикистон таваљљўњи бештар зоњир мекунад.

фарњанг мењвари аслии муносибати Эрон бо мо аст?

-Сабаби ин њама таваљљўњ чист? -Зеро мо њамзабону њамфарњанг њастем. -Фикр мекунед, ки забону

-Шумо мегўед, ки Эрон омодаи њамкорї аст. Вале дар ин авохир масъулин аз нофањмињое дар бунёди “Сангтўда-2” ва наќб шико-

-Ба њар сурат Эрон дар ќиёс бо дигар давлатњои Осиёи Марказї ба Тољикистон таваљљўњи бештар дорад. Чун имкони ба роњ мондани њамкорї бо мо бештар аст. Ин як њисобу китоби прагматикї њаст. Эрон ба љое меравад, ки бештар мурод њосил шавад. Онњо мехоњанд, ки барои баромадан аз инњисор бо Тољикистон бошанд. Сониян, дар ба роњ мондани њамкорї њамзабон будан имкон медињад, ки он масъулин бидуни тарљумон бо њам сўњбат бикунанд. Тољикистон њам барои ин њамкорињо њавасманд аст. Набояд фаромўш кард, ки на он ќадар Эрон ба Тољикистон, балки Тољикистон ба Эрон эњтиёљи зиёд дорад. Мо бояд њама роњу имкон истифода кунем, то соњиби иќтидори энержї шавем.


№23 (283)  12 июни соли 2013

9

сиёсат ят карданд. Ин маънои онро дорад, ки Тољикистон аз имкони худ ба хубї истифода намекунад? -Ба назари ман дар њамкорињо норасоињо њангоми бастани созишномаву шартномањо њаст. Санадњо бояд ба тавре тартиб дода шаванд, ки то хурдтарин љузъиёти кор дар лоињањоро дарљ шуда бошад. Тољикистон ба тадриљ ин механизми давлатдориро омўхта истодааст. Рўз аз рўз ба ин њатман муваффаќ њам мешавем. Аслан мушкили нодида гирифтани љузъиёт ва ё дарљ накардани тамоми корњо аз адами таљрибадорї, ба назар нагирифтани хусусияти равоншиносї, фарњангї ва менталитет мебошад. Коршиносњое лозим, ки дар сохтои давлатї барномањоро бо њамин хусусиятњо тарњрезї кунанд. Ин мушкил натанњо дар муносибат бо Эрон, балки дар умум вуљуд дорад. Мо бояд ин моделро дар њамкорї бо кишварњои дигар низ тартиб бидињем. Вале набояд Тољикистон як модели њамкориро бо тамоми кишварњо тартиб бидињад. Барномањои мушаххаси зиёд бояд дошта бошем. Гузашта аз ин, ваќте бо як кишвар шартнома мебандем, бояд дастгоњи иљрои назорати он низ ба роњ монда шавад. Худ аз худ њеч санад амалї нашудааст. Дар њамин маврид аз Эрон бояд ибрат гирифт. Онњо дурнамои њамкории худро бо њар давлат мушаххас кардаанд, аз ин хотир баъзан гузаштњое њам мекунанд. -Манзуратон гузашт дар њамкорї бо Тољикисон аст? -Албатта. Онњо мебинанд, ки давлат љавон аст ва таљрибаи кофї надорад. Илова бар ин дар зењни мо як андешае вуљуд дорад, ки роњи Душанбе ба Кобулу Тењрон њатман бояд тавасути Маскав сурат бигирад. Ин тафаккури замони шўравї аст, ки бояд таѓйир дода шавад. Њамчунин мушкили дигари мо ин аст, ки андешањое вуљуд дорад, ки гуиё мо дар њама бахшњо аз Эрон пешќадам бошем. -Дар њоле, ки Эрон ба фанноварињо бештар ноил гаштааст. -Дар њоле, ки Эрон хеле аз мо пеш рафта аст. Имрўз онњо мушаки худро месозанду дар бахши нанотехнология миёни 10 кишвари пешќадами љањон љойи махсусро касб кардааст. Эрон давлате, ки дар сатњи таълим дар донишгоњњо аз Тољикистон як сару гардан болотар аст. Эрони имрўз аз Эрони 30 соли ќабл ба куллї фарќ дорад. Барои њамин мо бояд ба онњо мутобиќ шавем. Мутаасифона Душанбеву Тењрон њамкорї миёни донишгоњњу муассисањои илмї дар сатњи зарурї надорад. Саволе ба вуљуд меояд, ки чаро Тољикистон дар кадом барномаи илмии Эрон ширкат надорад? Њатто дар масъалаи тарњрезї ва амалї намудани як лоињаи наќб муштарак кор надоранд. Мушкил дар он аст, ки фарњанги технологии онњо ба Ѓарбу аз мо ба Русия монандї дорад. Мо бояд соњиби ду фарњанги техникї шавем. -Ба назари шумо саба-

би аслии ин њама пешрафти Эрон дар чист? -Хусусияти аслии Эрон ин аст, ки дар ин кишвар се шохаи њокимият комилан мустаќил буда, њеч мансабдоре ба ин дахолат карда наметавонад. Њокимияти иљроия, ќонунгузор ва ќазоия дар бахши худ соњибнуфузанд. Барои мисол чанде пеш Мањмуди Ањмадинаљод барои даќиќ кардани нигоњдорї шудан ё нашудани наздикони худ дар мањбасхонањо хост аз зиндон боздид кунад. Аммо њокимияти ќазої иљоза надод. Мањмуди Ањмадинаљод рафт ба парлумон ва масъалаи мазкурро матрањ намуд. Њокимияти ќонунгузор низ чунин иљозаро ба ў надод. Дар ин њолат нофањмињое миёни се шохаи њокимият ба вуљуд омад, ки онро танњо рањбари рўњониёни ин кишвар Оятулло Алии Хоманаї бартараф карда тавонист. Рањбари рўњонї гуфт, ки ин доругирњо дар арафаи интихобот набояд бойиси таниши мардум гардад. -Шумо дар аввали сўњбати худ ишорае аз наќши райъи мардум ба натиљаи интихобот доштед, хусусияте, ки дар кишвари мо аз набудани он зиёд шикоят мешавад. Ба назари шумо сабаб дар чист? -Њар як рафтори сиёсї, хоњ дар љомеа ва хоњ дар гурўњњо ин њамеша нусхаи инъикосгари сатњи рушди расидаи мардум мебошад. Дар мо ду гурўњ њаст. Гурўње, ки аз љомеа хеле пеш рафта, гурўњи дигар, баръакс дар аќиб ќарор дорад. Он гурўње, ки рушд ёфтаасту дар пеш ќарор дорад, хоњиш дорад, ки гурўњи дуввум њам бояд ба сатњи онњо бирасад. Гурўњи дуввум бошад, баръакс, фикр мекунад, ки љомеа бояд њамќадами онњо бошад. Дар мо њоло гурўњи миёнае лозим аст, ки барои њарду љониб як васат бошад. Аз тарафи дигар њар кор дар ваќту соаташ мешавад, ки бояд чунин бошад. Њаминро гуфтан зарур аст, ки љомеаи Эрон ин марњиларо гузаштааст. Аслан дар таљрибаи давлатдорї Эрон дар сатње расидааст, ки дар баробари Тољикисон кишварњои дигари Осиёи Марказї наметавонанд ба он баробар шаванд. -Бо баргузории интихобот ва ба сари ќудрат омадани раисљумњури нав дар Эрон Тољикистон бояд чї корњоро анљом бидињад? -Новобаста аз пирўз гардидани як номзад Тољикистон бояд аз њоло муносибати худро бо тамоми номзадњо дар сатњи хуб барќарор намояд. Усулан муносибати Эрон бо Тољикистон новобаста аз пирўзии шахсият иваз намешавад. Аз њамин хотир њоло Тољикистон бояд роњњоеро биандешад, то њамкории бењтарро бо Эрон дар бахши илми даќиќ, фанноварињо пайдо кунад. Аслан тааљубовар аст, ки дар Тољикистон ройзании фарњангии Эрон амал дорад, вале ройзании илмиву иќтисодиву техникї нест. Ин бештар ба мо лозим аст. Сўњбатнигор Њумайрои Бахтиёр

Чаро њукумат мухолифини кўчакашро њам саркўб мекунад? Тољикистон аз марњилаи баргузории интихобот то замони расман ба кор шурўъ кардани шахси дастболо дар раќобати сиёсии Эрон бояд тамоми воситањоро барои роњандозї кардани манфиати худ тарњрезї бикунад. Рашид Ѓанї Абдулло, коршиноси масоили сиёсї дар суњбат ба «Озодагон» мегўяд, ки Тољикистон дар баъзе аз масоил бояд аз Эрон ибрат гирифта, барои расидан ба ањдофи худ тамоми роњњоро бояд истифода бикунад.

Агар аз канор нигарем, корзор ё маъракае, ки зидди мунтаќидони њукумати Тољикистон равона шудааст, метавонад як кўшише барои бартараф намудани њар монеа дар роњи ѓалабаи президенти имрўзаи кишвар дар интихоботи моњи ноябри соли равон ба назар расад. Аммо, ба гуфтаи баъзе коршиносони сиёсї, ин нигаронињо бештар ба тарс аз норозигии бозигарони беруна, мисли Русия марбут аст, ки аз роњбари феълии кишвар норозиянду хоњони ивазшавиашанд. Вазири собиќи саноати Тољикистон, Зайд Саидов 19-уми май, як моњ пас аз эълони тасмимаш барои таъсиси њизби «Тољикистони нав» боздошт гардид. Баъд аз шаш рўз сиёсатшиносону сиёсатмадорони мухолиф, њуќуќшиносон ва фаъолони ВАО гуруњи «Эътилоф барои демократия ва љомеаи шањрвандї»-ро таъсис доданд, ки дар навбати худ кумитаи њифзи Саидовро кушод. Тањдидњо ба аъзои гуруњ дарњол сар шуд. Журналист Мављуда Соњибназарова, аъзои гуруњи ташаббускори «Тољикистони нав» ва аъзои Эътилофи мазкур дар суњбат бо ВАО гуфт, тариќи телефон ва шабакаи Facebook ба ў ва хонаводааш тањдид кардаанд, ки нобудашон мекунанд. Дар пайёмњо, ба ў фармон додаанд то аз њизб берун шавад ва Саидовро љонибдорї накунад. Кумитаи давлатии амнияти миллї (КДАМ) 28-уми май ўро дар хусуси узвият дар њизб пурсуљў намуда, ба ў ваъда додаанд, ки тањдидњо ба љон ва оилаи ўро тањќиќ хоњанд кард. Узви дигари эътилоф, рўзноманигор Рамзия Мирзобекова, ки дар рўзномаи «Азия Плюс» кор мекунад, рўзи дигар ба КДАМ даъват шуд. Дар суњбат бо ВАО ва дар Facebook гуфт, ба ў дар хусуси Саидов ва сабабњои ба Эътилоф ворид шуданаш суњбат кардаанд. ўро њушдор додаанд, ки “ќуввањои хориљию дохилї” метавонанд аз ў барои маќсаду манфиати худ истифода намоянд. Ин њама, узви дигари Эътилоф, рањбари Њизби сотсиал-демократи Тољикистон, Рањматилло Зоировро водор сохт, то номаи саркушодае бо мазаммати фишор ба њамсафони ў дар Эътилоф пахш намояд. Дастгирии Саидов дар паи чорањои расмї зидди Умаралї Ќувватов рух дод, ки маљбур шуд ба Русия равад, чун бизнеси ў аз љониби шахсони бонуфуз харида шудааст, ё ба гуфти худи Ќувватов, аз ў кашида гирифтаанд. Соли гузашта Ќувватов созмони мухолифи «Гуруњи 24»ро таъсис дод, ки оиди фасод дар њукумати феълї рўирост хабар медод. Моњи декабр бо талаби њукумати Тољикистон ўро дар Дубай бо гуноњи соњибкории ѓайриќонунї боздошт намуданд. Дубай талаби љониби Душанберо оид ба истирдоди ў ќабул намуд. Дар аввали сол созмони «Amnesty International» изњори нигаронї карда буд, ки агар

Ќувватовро ба Тољикистон истирдод намоянд, ў метавонад мавриди шиканља ва дигар намудњои муносибати номатлуб гардад. Вакили мудофеи ў Николай Николаев, ба IWPR гуфт, Ќувватов то баррасии даъвои шикоятї, ки ба моњи август вогузор шудааст, дар боздоштгоњ хоњад монд. Бар хилофи Саидов, Ќувватов мегуфт мехоњад дар интихоботи президентї дар соли равон иштирок намояд. ўро гуруњи мухолифини њукумат дар хориљ аз кишвар дастгирї мекард ва ў миёни муњољирони мењнатии тољик дар Русия љонибдорони худро пайдо карданї буд. Ќувватов борњо гуфта буд, ки бо одамони наздики президент кор кардааст ва тањдид дошт, маълумоти махфиеро пешкаши мардум мекунад, ки бар зарари њукуматдорону наздиконашон хоњад буд. Таваљљуњ ба Саидов ва Ќувватов аз он маншаъ мегирад, ки инњо аз насли нави сиёсатмадороне њастанд, ки метавонанд ба фазои сиёсї нафасе тоза ворид кунанд. Мурофиаи судї зидди Ќувватов ўро аз имкони иштирок дар интихобот мањрум мекунад, чунки мувофиќи ќонун, шахсоне, ки доѓи суд доранд, наметавонанд дар интихобот иштирок намоянд. Идораи њукумат аз љониби президенти имрўза то љое ба ў кафолати ѓалаба дар интихоботро медињад. Њукумат њамчунин кўшиш кард Абдумалик Абдуллољонов, ки замоне бонуфуз буд ва дар солњои 1992-93 сарвазири кишвар буд, ба Душанбе истирдод шавад. Аммо ин кўшиш бенатиља анљомид, чун Украина ин хоњиши Тољикистонро рад намуд. Ба аќидаи тањлилгарон, њукумат на аз он тарсид, ки Абдуллољонов баргашта, дар интихоб иштирок мекунад. Мояи тарс он буд, ки ў метавонад номзадеро мисли Ќувватов дастгирї намояд ва аз њама муњим тарс аз он, ки бозигарони хориљї ва мањз Маскав, дар љустуљўи љонишине барои Рањмон пас аз бист соли њокимии ў аст. Парвиз Муллољонов, сиёсатшинос, дар суњбат бо IWPR гуфт, «њеч кадом аз инњо [Абдуллољонов ё Ќувватов] имрўз худ ба худ бозигари љиддии сиёсї нестанд ва дар дохили Тољикистон љонибдорони зиёд надоранд. Дар њамин њол, аќидае њаст ва эњтимол њукуматдорони

тољик низ бар онанд, ки ин мухолифинро ќуввањои хориљии бузурги бархўрдор аз имконоти калони иќтисодию ташкилї ва фишанги фишор, пуштибонї мекунанд». Муллољонов мегўяд, ин аќидаро маблаѓгузорї шудани мухолифини тољик аз љониби њукуматњои хориљии норозї аз њукумати имрўзи Тољикистон, таќвият бахшидааст: «Шояд далели њукумат барои сариваќт бартараф намудани чунин хатарњо њамин бошад». Коршиноси аршад оиди Осиёи Марказї дар Русия, Аркадий Дубнов мегўяд, њассос будани њукумати Тољикистон нисбати «дахолати хориљї» оинаи њаводисест, ки дар худи Русия ба вуќўъ мепайванданд: «Њукумати Тољикистон дучархаро дубора ихтироъ накарда, балки њаммонанди Кремл, мувофиќи мантиќи низоми дилхоњи авторитарї, амал мекунанд. Барои онњо, мухолифин бидуни дастгирии хориљї буда наметавонад, ки ин дастгирии хориљї аз љониби мамолики зидди њукумат ироа мешавад. Љолиб аст, ки барои ИМА чунин ќувва Кремл асту барои Рањмон – Кремл ва сохторњои наздики ба он». Дубнов афзуд, ки «Навалний дар ИМА тањсил карда буд ва дар он љо алоќањои худро дорад. Саидов дар замони вазириаш дар Русия одамони худро пайдо кард. Аз рўи мантиќи «ќалъаи муњосирашуда», акнун Навалниро амрикоињо ва Саидовро русњо пуштибонї мекунанд? Бовар кунед, барои интихобкунандаи бадониш, тасдиќи ин кофї нест … » Тољикистон аз Русия, њамчун шарик, дар масоили амният ва иќтисод бастагї дорад. Дар баробари ин, шумораи зиёди муњољирони тољик онљо машѓули мењнатанд, ки интиќоли пули онњо ќисми бештари бучаи кишварро ташкил мекунад. Давоми солњои тўлонї Маскав Рањмонро дастгирї мекард, аммо ба аќидаи тањлилгарон, Кремл њарчї бештар аз ќарорњои ў норозист. Мисол, ба дарозо кашидани тавсиби созишнома оиди тамдиди њузури пойгоњи њарбии Русия дар Тољикистон ва муќобилат накардани Душанбе бо реэкспорти маводи нафт, ки русњо мехоњанд бо нархи арзон ба Тољикистон интиќол дињанд. Лола Олимова, муњаррири IWPR дар Тољикистон

Тањсил-2013

Гимназия-интернати Тољикистону Русия "Њотам ва ПВ"

барои кўдакони лаёќатманд ќабули хонандагонро дар соли хониши 2012-2013 барои синфи 5 эълон менамояд. Имтињонњои ќабул рўзњои 19 ва 20.06.2012 бо нишонии шањри Душанбе, Испечак-2, "Гимназия" баргузор мегарданд.

Маълумоти иловагї бо телефони 232 50 22, 907 77 00 17


10

№23 (283)  12 июни соли 2013

иљтимоъ Агар маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди њукумати љумњуриро ба назар гирем, ќариб 40 њазор зан дар муњољират мебошанд. Ин раќаими нињої намебошад. Болои ин масъала низ чора бояд андешид. Модари бечора, зани бечора дигар чорае надоранд, ба љуз аз зодгоњу ватанашон берун рафтан! Ин айб нест?! То саноати хурокворї, саноати сабук ва саноати вазниро ба тариќи комплексї њал насозем, њеч гунна умеди роњат надорем. Боиси хурсандї мебошад, ки дар матбуот(афсус, ки танњо дар матбуоти хусусї ва ѓайри давлатї) масъалањои муњим танќид мешаванд. Аз љумла бекорї ва муњољирати мењнатї. Набояд фаромўш сохт, ки танќид фоида надорад. як шиноси ман ваќташ дар нашрияи Вазорати корњои дохилї мухбир буд, боре вазири ин нињод генерал Умаров ба ў мегўяд, ки маќолањои танќидиатро мехонем. Лекин талош бикун, камбудињоро

Кор мељўям...

Бекорї иллати асосии Тољикистон Аламовар аст, ки занону модарон низ рў ба муњољират оварда истодаанд Изаттулло Юсуфов Дар мамлакат бекорї иллати асосї шуда мондааст. Бинобарин мардум ба дигар љойњо, бештар ба Русия њиљрат мекунанд. Сол то сол шумораи муњољирони корї дар њоли афзоиш мебошад. Бисёр хавфовар аст, ки аз 8 миллион ањолї дар њисоби кўдаку пиронсолон, ду миллионаш аз кишвар берун мебошад. Ин алакай нишон медињад, ки бўњрони бекорї сартосари љумњуриро печонда истодааст. Ва боз маъмулан бепарво худрову атрофиёнро гўиё таскин медода бошанд, мегўянд, ин раванд дар тамоми кўраи замин арзи вуљуд дорад. Модоме, ки кишварамон офтобї асту яхборї не, чандборї њосил гирифта мешавад ва ба ќавли бархењо њатто бињишт њам ном гирифтан мумкин аст, меарзад одами бекор дошта бошем? Пас маълум мешавад, ки бо як кишоварзї масъала њал намешавад. Пас чї бояд кард? Ба ин савол Ленин сад сол пеш љавоби илмї дода буд. Соли 1920 баъд аз решакан шудани Русияи подшоњї, истењсоли мањсулоти саноати калон назар ба соли 1913 таќрибан њафт маротиба кам шуда буд. Фањмидед, њафт маротиба?! Ба болои ин давлатњои хурду бузурги капиталистї њама гуна робитаи иќтисодиро аз давлатњои навташикили шўравї канда буданд. Агар рањбарони ваќт даст болои њам монда бањонањо пеш меоварданду танњо барои худ њиллаву найранг ва роњи фасодро пеш мегирифтанд, магар ба дастовардњои афсонавї ноил мешуданд? Дар пеши худ маќсад гузоштанд, ки ба умеди ягон давлати хориљї набояд шуд. Саноатро танњо саноатро бо ќувваи худ барќарор созанд ва тараќќї дињанд. Барои њалли ин масъалаи нињоят љиддї ва муњим пеш аз њама чї бояд кард? Фавран ба мушкилињои азим ва камбудињои

аз мўйи сар зиёд, нигоњ накарда, декабри соли 1920(вазъи харобашро њам гўем!) наќшаи мукаммали давлатиро муќоиса ва тасдиќ карданд, ки дар таърих бо номи Гоэлро машњур шуда рафт. Дар ин наќшаи бузург, ки наќши асосиро электрикунонии сартосари Русияи пањновар мегузошт, инчунин њамаи соњањои асосии хољагии мамлакатро дар бар мегирифт. Дар назардошти он ки он ваќт њанўз саноат нобаробар љойгирифта, махсусан дар ќисматњои шарќї ва љанубиаш ќафо монда буд, дар он наќша ба љобаљогузории саноат таѓйироти куллї пешбинї карда шуд. Ба ин ќаноат накарда, аз байн њанўз як сол нагузашта, барои барпо кардани асоси иќтисодиёт наќшаи мазкур давом ва инкишоф дода шуд. Ин наќшаи мукаммалгардидаро сиёсати нави иќтисодї (НЭП ба забони русї новая экономическая политика) номиданд. Медонед натиљаашро? Танњо аз соли 1921 то соли 1923 њаљми истењсолоти саноатї таќрибан ду баробар афзуд. Яъне њанўз солњои аввал алакай саноати мамлакат рў ба тараќќї нињод. Акнун фањмидед љанобон?! Давлати Русияи шўравии љавон нагузошт, ки ягон шањрвандаш муњољири мењнатї шавад. Аммо дар Тољикистони соњибистиќлоле, ки зиёда аз 20 сол мустаќилем, чї њол дорем? Оё, аз шумори умумии ањолї, ки 8 миллион асту 2 млн. ќувваи асосии истењсолкунанда умрашро дур аз ватан мегузаронад, боиси хотирљамъии давлат ва њукумат шуда метавонад? Чї хел забонашон мегардад, ки мегўянд ин раванди љањонист. Њамин холабеѓамї боиси он шудааст, ки шумоари бекорон сол то сол дар њоли афзоиш мебошад. Агар аз солњои аввали истиќлолият такя ба Сарќонун карда, барнома ва наќшаи мушаххасу мукаммал ме-

сохтанд, њам саноати замонавї барќарор ва аз нав сохта мешуд ва њам масъалањои иќтисодию иљтимої њалли худро то ин рўз меёфт. Масъалаи доѓтарини кишвар фаќр ва бекорї комилан барњам мехўрд. Ин муњољирини корї, ки моњу солњо назди оилаи худ намебошанд, дигар ба хориљ аз кишвар њаргиз барои дарёфти ќути лоямут намерафтанд. Тарбияи фарзанд дуруст ба роњ монда мешуд. Дар мактабњо сатњи дониш ва адаб боло мерафт. Њамон ќонуни масъулияти падару модар дар амал татбиќ мешуд. Аммо њоло баракси онро мебинем. Яъне он чї атрофии созандагї ва пешрафтњо дар оинаи нилгун ва матбуоти давлатї њамарўза гуфта мешаваду соатњо намоишњои фаччу лаччи консертї фарогир гаштааст, њаргиз бояд ќаноаткунанда набошанд. Бо бунёди як ду корхонаи хурди шахсе маънои онро надорад, ки кишварамон дорои саноати бузург гаштааст. Шукр, ки аз хатми љанги дохилї солњои зиёд гузашт, дар ин муддати хеле тўлонї мумкин буд, аксари мушкилоти мардум њалли худро меёфтанд. Афсўс, ки чунон дар асл мебинем, буњрони азими бекорї то рафт ављ мегирад. Ин мисли балои азимест, ки болои љомеа ќарор дорад. Он гапе, ки аз шўравии пошхурда ба мо чизе мерос намонд, акнун маъние надорад. Бисёр падарон мурдаанд, вале ба фарзандон ба ќадри зарурї чизе намондаанд, мешавад чунин фарзандон гила кунанд ва барои рўзѓори оилаи худ беѓам гарданд. Фикр мекунам, ки њар кас ѓами худро мехурад. Аммо давлат бояд, чорањои љиддї бинад! Оянда њамин ањвол рафтан гирад, њаллаш мушкилтар мегардад. Мардњо ку саросар мардикор шуда, мависмї ба хориљ мераванд. Аламовар аст, ки занону модарон рафта истодаанд.

““

Оё, аз шумори умумии ањолї, ки 8 миллион асту 2 млн. ќувваи асосии истењсолкунанда умрашро дур аз ватан мегузаронад, боиси хотирљамъии давлат ва њукумат шуда метавонад?

бештар навис, то њалли худро ёбанд. Аммо дар љамъияти имрўзаи мо акси њолро мебинем. Пас аз њал шудани маќолањои танќидї ба танќид тоб надоранд, кинаљўї мекунанд, зуд меранљанд. Аз њама муњиммаш бо њар роњ болои танќидгар фишор меоранд. Ба фикрам ин, нишони ватандўстї нест. Баракс барои њалли камбудї камар банданд. Муњтарам, масъулини давр!!! Бо диќќат хонед! Як мисоли дигар меорам дар СССР пеш аз љанги дуюми љањон корхонањои бузурги саноатї(9 њазор!) ба кор даромаданд. Бисёр корхонањо аз нав сохта шуданд. Соли 1937 зиёда аз 70% -и мањсулоти саноатиро мањз њамин корхонањои нав истењсол карданд. Дар арафи љанг аз љињати њаљми мањсулоти саноатї дар Аврупо ба љойи якум ва дар љањон ба љойи дуюм баромада буд. Баъдат мебинем, ки ин давлат дар љанг ќариб 30 дар сади бойгарии миллиро аз даст дод, аз љумла 31 њазору 850 корхонаи саноатї хароб гардид. Заводњои металургие, ки ќариб 60%-и пулоди мамлакат гуфта мешуд, аз кор баромаданд. Вале дар натиљаи роњабрии дурусти давлат ва њукумат танњо дар соли 1945 саноати кишвари љангзада 92 дар сади мањсулоти умумии соли 1940-ро истењсол кард. Анна ин аст, ќањрамонї! Ягон нафар аз мардуми шўравї дар ягон давраи мушкили ба сарашон омада муњољири мењнатї нашудаанд, барои чї? Барои он ки бо ќувваи худї корхонањои бузургї саноатиро коршоям карданд. Истењсолотро баланд бардоштанд. Фасод реша надавонд. Низоми корї ва тартибу интизоми оњанин асоси пешравињо шуданд. Роњбарон чунин мошинњо ва чунин корњои имрўза надоштанд. Рухсатї намедоданд, як калимаи ба њама маълум, энтузиазм, яъне љидду љањд, љўшу хурўш буд. Ман чунин мешуморам, ки НБО-и Роѓун имрўз набошад, фардо сохта мешавад. Аммо њар чанд пешравињо шаванд, њам он њанўз њаёту мамоти њал шуда наметавонад. Роњи ягона, ки давлатњои љањон пеш гирифтаанд, ѓайри пешрафти хољагидорї саноати азимро ба роњ мондан аст. Ин роњест, ки мамлакат аз буњрони бекорї мебарояд. Агар ин масъала боз ба 5 -10 соли дигар ба таъхир андохта шавад, пешорўямон мушкилињои иљтимої, иќтисодї ва њатто сиёсї мебароянд.


№23 (283)  12 июни соли 2013

11

орзу

Каромат Шарипов ноиби президент? Дархости Каромат Шарипов, роњбари Љунбиши муњољирони кории тољик дар Русия рољеъ ба таъсиси маќоми вижаи ноиби президенти Тољикистон дар масоили муњољират вокунишњоеро миёни коршиносон ба миён овард. Алишер Зарифї Бештари коршиносон ин хостори Шариповро дар самти муњољирати мењнатии тољикон зарур намењисобанд. Саймиддин Дўстов, коршиноси тољик дар суњбат ба “Озодагон” гуфт, ин хостори Каромат Шарипов як хостори соддалавњонае беш нест. Ба ќавли номбурда њукумати феълї њаргиз ба ин хостори ў розї нахоњад шуд: “Дигар ин ки зарурате барои њамчунин маќом вуљуд надорад. Хадамоти муњољирати Тољикистон ба хайси маъмури ин соњаи муњими хољагии халќ басанда мебуд, агар онро роњбари кордон сарварї мекард. Аммо чун ин самт ва ин вазифа сахт сиёсианд, гурўњи њукмрон онро танњо ба хешованд ё њаммањалашон бовар мекунанд. Дар миёни онњо банда донандаи муњочирати корї, идории кордида ва давлатсолорро намебинам”. Ин мусоњибамон таъкид намуд, ки хостаи Каромат Шарипов рўи чанд расонаи мустаќил мемонаду бас. Абдулло Давлатов, раиси Иттињодияи точикони Русия мегўяд, мухолиф ба таъсиси маќоми ноиби раисљумњур барои муњољирон буда, њоло нињодњои давлатие, ки дар масъалаи њамватанони бурунмарзї фаъолият доранд, зиёданд. Номбурда ќайд кард, ки Хадамоти муњољират, мушовири давлатї оид бо иљтимиоиёт, ки ноиби махсусе дар самти њамкорї бо

њамватанони бурунмарзї дорад, шуъбаи њамкорї бо њамватанони бурунмарзии Дастгоњи иљроияи назди президент ва боз идорањои зиёди дигар дар назди вазоратњои дигар каманд, ки боз як сохтори муфтхўру ѓораткунандаи муњољирони корї ташкил кунанд? Раиси Иттињодияи точикони Русия илова намуд, ки агар касе бо нодонї гўяд, ки мањз барои муттањидкунии идорањои мављудбуда бояд чунин мансабе ташкил шавад - шайтонии мањз аст!: “ Ваќте Хадамоти муњољират ташкил шуд умед буд, ки бисёр миёнравњои давлатї аз байн мераванд, вале баръакс шуд”. Дархост барои таъсиси маќоми ноиби президент дар масъалаи муњољират аз љониби Кармат Шарипов дар њоле садо медињад, ки бархе аз соњибназарон мегўянд, аз таъсиси маќоми нав ё сохтори наве барои муњољирати мењнатї бењтар аст, нињодњое, ки имрўз дар масъалаи муњољират кор мебаранд, фаъолияташонро муассир гардонанд. Зеро ба ќавли ин гурўњ соњибназарон фаъолияти нињодњои давлатии кишвар љињати њалли мушкилоти муњољирон, танзими раванди муњољират, њифзи њуќуќњои онњо ва таъмини шароити мусоид чандон назаррас набуда, њукумат бояд бештар сари ин мавзўъњо андеша кунад. Нуралї Давлатов, коршиноси тољик мегўяд, ба назари ў барои

Зарурате барои њамчунин маќом вуљуд надорад. Хадамоти муњољирати Тољикистон ба хайси маъмури ин соњаи муњими хољагии халќ басанда мебуд, агар онро роњбари кордон сарварї мекард

таъсиси ноиби президент барои муњољирати корї њељ зарурате вуљуд надорад. Ба ќавли Нуралї Давлатов, њукумати Тољикистон бояд тамоми кўшиши худро ба харљ дињад, ки њар чи зудтар вазъи иќтисодиву иљтимоии мардумро бењтар кунад, корхонањову фабрикањо созад ва мардуми муњољири дар ба дару бењуќуќро ба Ватан баргардонад: “ Ин аќида, ки мо баъзан аз дањони масъулон мешунавем, ки муњочират раванди љањонї аст, танњо ба хотири сафед кардани ноўњдабарої гуфта мешавад”. Ин дар њолест, ки Каромат Шарипов дар суњбат ба “Озодагон” таъсиси маќоми ноиби президент дар масоили муњољиратро зарарур њисобида, ќайд намуд, ки муњољирони тољик дар форуми дар пеш истода, ки моњи сентябри соли равон баргузор мегардад, иштирок хоњанд намуд ва талаби онњо дар масъалаи таъсиси курсии ноиби президентї, вазифаи

асосие, ки тавонад бехатарии муњољирати мењнатиро кори асосии худ донад ва љавобгар дар назди президент ва халќи худ бошад, дида мешавад. Номбурда мегўяд, имрўз касе аз чиновникњои мо на дар назди президент, балки худро дар назди модари худ ва Ќурони шариф љавобгар намешуморанд: “ Бубинед имрўзњо зиеда аз 100 њазор шањрвандони љавони Тољикистон дар Русия ба корњои бад машѓул буда, инчунин бо гурўњои террористї аъзо мебошанд ,ки оќибати онњо дар њолати баргаштан сохтори нави худро бо зўрї дар байни мову шумо љорї намудан аст. Дар пайдо шудани ноиби президет дар масоили муњољират ман бовар дорам, ки аввалан бозори фурўши муњољири точик дар назди косулгарии дипломатии Точикистон дар Маскав баста мешавад”. Ба ќавли Каромат Шарипов дар њолати дуруст тартиб додани барномаи иќтисодї сафи муњољирони

њамсоядорї

Сокинони Самарќандак роњи Шўроб-Ворухро бастаанд Њудуди ду њазор сокини дењаи Самарќандаки вилояти Бодканди Ќирѓизистон рўзи дањуми июн ба нишони эътироз гирди њам омаданд. Бино ба иттилои њукумати Бодканд, эътирозгарон аз он норизої кардаанд, ки тољикон гўиё дар заминњои бањсноки наздимарзї хона сохта ва дарахт шинондаанд. Ба ќавли манбаъ, дар посух ба ин амали тољикон эътирозгарон роњи ШўробВорухро бастаанд. Дар њамин њол, ба иттилои масъулини ќирѓиз аз тарафи Тољикистон низ њудуди 500 нафар љамъ шуда будаанд, вале кормандони пулис, ки сариваќт ба љои њодиса њозир

шуданд, аз даргирї љилавгирї намуданд. Инчунин, ба љои њодиса вакили парлумони ќирѓиз, Омурбек Текебаев њозир шуда, дар суњбат бо гирдомадагон ваъда додааст, ки њамаи талаботашонро ба роњбарияти кишварашон мерасонад. Тољикистону Ќирѓизистон тўли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорї шудаасту халос. Ин номуайянї боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзї мунтазам даргирињо су-

рат гиранд. Вале ахиран раиси устони Суѓд -- Ќоњир Расулзода аз мањалњои бањсноки марзї боздид карда ва гуфт, як ваљаб марзи кишварро ба бегонагон намедињанд. Аммо бархе аз соњибназарон мегўянд, агар бањсњои марзии Тољикистону Ќирѓизистон аз рўи асноде, ки дар замони Шўравї вуљуд дошт, сурат бигирад, эњтимол тољикон ќисме аз заминњояшонро аз даст бидињанд. Иддаое, ки маќомот дар њоли њозир рад мекунанд.

мо на аз 300 њазор зиед хоњанд шуд ва дар чунин њолат мо гуфта метавонем, ки барои давлати мо ноиби президент дар ин самт лозим нест. Роњбари Љунбиши муњољирони кории тољик дар Русия таъкид кард, ки имрўз шумораи муњољирони тољикистонї дар Русия зиёда аз ду миллион мебошад ва таъсиси чунин маќоми ноиби президент муњим мебошад. Аммо Иззат Амон, роњбари созмони љавонони тољик дар Русия ин хостори Каромат Шариповфро рекламаи навбатии Шарипов аз љониби худи ў номид. Иззат Амон иброз медорад, ки Каромат Шарипов, ки чандин солњост дар Русия аст, тарзу услуби таблиѓ ва ё пиаракcияи русњоро хуб омухта аст. Ў мегўяд, дар ин авохир дар Русия миёни сиёсатмадорон танњо як барнома барои пиаршоу ва таблиѓи сиёсатмадор аз тариќи расонањо вучуд дорад, ки Шарипов аз њамин усул истифода мебарад: “Мо дар ин авохир шоњиди як ќатор пешниходњои бемаънии љаноби Каромат Шарипов – “њомї”-и тољикон дар Русия будем. Аз љумла номбурда аз њукумати Русия ќотеъона талаб мекард, ки тољикони касал ва мараздошта ба Русия ворид нашаванд”. Ба ќавли Иззат Амон Каромат Шарипов бо ин дархосташ, шояд худашро ба ин симмат- ноиби президент дар масоили муњољирати мењнатї пешнињод карданї бошад.


12

№23 (283)  12 июни соли 2013

рў ба рў

«То њол ман ба аќидаи марксистї мондаам» Гуфтугўи Халил Ќаюмзод бо собиќ мушовири раисиљумњури Тољикистон, профессор Иброњим Усмонов. -Устод, чаро Шумо ба гурўњи ташаббускорони таъсиси њизби Тољикис-тони нав напайвастед? -Аќидаи ман, аќидаи марксистї аст. Дар њоли њозир на танњо дар Тољикистон, балки дар кулли кишварњои Шўравии собиќ, марксизм як чизи кўњнашуда ё беќурбшуда менамояд. Аммо гумон мекунам, марксизм беш аз њама ба њизбњои сиёсї ба ќишри миёнаи љомеа ва ба ќавле ба халќи мењнаткаш наздиктар аст. Барои чї дар мо њанўз хумори давраи сотсиолистї боќї монда аст? Барои он ки он чизе, ки дар зарфи чанд сол татбиќи Шўравии марксистї дод, дигар онро дар ягон давлати Шўравии пешин дар давоми ин бист сол дарёфт накардаанд. Агар дар кадоме аз кишварњои Шўравии пешин, хоњ Тољикистон бошад, хоњ ягон кишвари дигар, тарзи зиндагї аз тарзи зиндагии замони Шўравї бењтар шавад, баъд он ваќт гуфтан метавон, ки ин аќида аз аќидаи марксистї бењтар аст. То њол ман ба аќидаи марксистї мондаам. Феълан аъзои ягон њизб нестам. Ман тамоми чандин сол аъзои њизб будам. Бо сабаби зарурият дар музокироти Сулњи Тољикистон ман аз узвият дар њизб (Њизби коммунист) даст кашидам. Акнун як шахси худ ба худ њастам. Њар аќидае, ки аз кадом њизбе бармеояду он бо аќидаи ман мувофиќат мекунад, њамонашро дастгирї мекунам. Ва шарт нест, ки њатман њизб бошад. Ин метавонад гурўњњои иљтимої бошад, метавонад њукумат ва ё ягон шахси алоњида бошад. Аммо пайвастан ба ягон њизбро зарур намедонам. Дар шароити давлатњое, ки ба муносибати оилавї пойдор њастанд, мамлакатњои мусулмонї куллан њамин тавр њастанд ва баъзе мамлакатњои ѓайримусулмонии Шарќ њам њамин хусусиятро доранд, дар ин шароит њизб њалкунанда нест. Њалкунанда шахсият аст, фард аст. Дар мамлакатњои дигар њизб пайдо мешаваду шахсиятњо дар њизб, дар дохили њизб ба камол мерасанд. Дар мо шахсиятњо њизбро аз паси худ мебаранд, яъне воњиди асосї њизб не, шахсият аст. Дар шароити мо њизб муайянкунанда нест. Барои њамин, ман ба њизби Тољикистони нав нарафтам. Њар њизбе, ки барои миллати мо, барои мамлакати мо хизмат кардан мехоњад, ман њам бо он ќудрате, ки дорам, дастгирї мекунам.

ат пешнињод карданд, њукумат бе дудилагї ќабул кард. Коре, ки дар њукумат кард, кори хуб буд ва инро роњбарони Тољикистон њам дар ваќташ таъкид карда буданд. Њоло чї љиноят ё камбуди иќтисодї кардааст, онро намедонам. Чунки он барои ман пўшида аст. Одамоне, ки ба тиљорат, сармоядориву сармоягузорї шуѓл доранд, ба фикрам, бисёртар дучори иштибоњњо ва иттињомњо мешаванд. Инро дигар маќомњои масъул муайян мекунад, зеро онњо меомўзанд. Ман умед мекунам, ки Суд (Додгоњ) њаќиќатро пайдо мекунад. Њаќиќате, ки амали воќеиро нишон медињад ва боварии мардум ба туфайли он ба њукумат зиёдтар мешавад.

- Бо Зайд Саидов аз наздик ошної доред? -Агар гўям, ки аслан ўро намешиносам, ин сањв аст. Зайд Саидов дар се давраи аввали музокироти Сулњи Тољикистон, њамчун намояндаи мухолифин, дар гуфтушунидњо иштирок кард. ў як иштирокчии оддї њам набуд. Дар даврањои якуму дуюми музокирот, он ваќте ки роњбарияти мухолифин, љаноби Тўраљонзодаву љаноби Њимматзода дар маљлисњо иштирок намекарданд, ба таври расмї Отахон Латифї, роњбари њайат буд. Латифї бе маслињати Зайд Саидов коре намекард. Дар давраи якум, мо панљ пункти (нукта) як протоколро (созишнома) ќабул кардем. Баъд аз танаффус Латифї эълон кард, ки мо аз фикри худ бармегардем. Яъне, баъд аз маслињат бо Зайд Саидов ин корро карданд. Зайд таъсир дошт, мавќеи худашро дошт. Зайд њанўз дар замони охири Шўравї, дар замони гарбочёвї ба тиљорат машѓул буд. Ман медонам, ки ваќте Зайд Саидовро љониби мухолифин ба њайси вазири сано-

-Њамчун як намояндаи ќишри зиёии кишвар, ки дар чандин вазифањои давлатї адои хизмат њам кардаед, гуфта метавонед, ки њукумати мо њукумати мардумї аст? -Аз рўи Сарќонунњои кишварњои пасошўравї, њамаи ин кишварњо хусусияти иљтимоии давлатро эътироф мекунанд. Сарќонуни Тољикистон низ истисно нест. Хусусияти иљтимої доштани давлат, пеш аз њама ба манфиати ќишри миёнаи љомеа нигарондани давлат аст. Аз ин нигоњ, њукумати моро њукумати мардумї гуфтан мумкин аст. Мисол, 15-20 соли пешро ба ёд меорам. Он ваќт тамоми кўшиш дар он равона шуда буд, ки мардумро аз сари нав сарљамъ кунем, ба мардум фањмонем, ки агар худи онњо кишвари худашонро обод накунанд, каси дигар намекунад. Њукумат гуфт, мо ба манфиати шумо кор мекунем, њама якљоя кор мекунем. Ин, албатта, нишондињандаи њукумати мардумї аст. Имрўз агар матбуоти дохилиро нигоњ кунед, интиќоди зиёде аст. Агар њукумат ќудрати мардумии худашро пурра

татбиќ кардан хоњад, аќалан дањ дар сади ин интиќодро ба назар мегирад. Њеч ягон матбуот, ки дар дохили кишвар бо иљозати давлат нашр мешавад, бар муќобили давлат ва њукумат кор намекунад. Матбуот танњо мавќеи худашро дар бораи ин ё он масъала изњор мекунад. Њукумат оппозитсия (мухолиф) доштанаш даркор. Мухолифини мусбат, на манфї. На мухолифини мусаллањ, ки мо пештар доштем. Давлати мардумї ба ин чиз бештар такя карданаш даркор ва яке аз нишонањои дигари њукумати мардумї будан он аст, ки мардум дар кишвари худаш нони њалолашро пайдо карда хўрда тавонад. Мутаассифона, мо њанўз ба ин маќсад нарасидаем. Њукумат њамин корро кардан мехоњад, аммо њоло ба он равонаем. Њоло шароите фароњам оварда нашудааст, ки мардум дар кишвари худаш сарљамъ шаваду нонашро пайдо карда хўрад. Њукумат барои ёфтани нон ба мардум бояд кумак кунад. Он давлати шўравї буд, ки нон медод. Одамоне буданд, ки як умр кор накарда дар охири умрашон нафаќа мегирифтанд. Махсусан, занони хонашини мо. Њаштод дар сади харољоти кўдаки томактабию мактабї бар дўши давлат буд. Њозир Шумо хонаро аз дигарон мехаред, аз дигарон барои иљора мегиред. Пеш давлат худаш хонаи иљораи якумрї медод ва бо шарти ба мерос гузоштан ба касоне, ки дар ќайди он хона њастанд. Яъне, давлат пеш мардумашро мехўронд. Баъд аз истиќлолият Тољикистон њам мисли њамаи љумњурињои дигар роњи инкишофи ѓайрисотсиалистиро пеш гирифт. Њукумат бояд барои хўрдану пўшидани мардум ёрї расонад. Кор ёфта дињад. Коре, ки маошаш мардумро бо ин чизњо таъмин кунад. Ман паёми охирини президент ба парлумони кишварро хондам.

Баромадњои дигарашро њам дидам. Албатта, њукумат мехоњад, ки мардумї бошад, аммо њанўз ин кор татбиќ нашудааст. Њоло он шароите пайдо нашудааст, ки онро њам њукумат хоњаду њам халќ. - Ба назари Шумо интихоботи президентии имсола чизеро таѓйир хоњад дод? -Ман аслан ба шаффоф гузаштани интихоботњо дар њељ ягон гўшаи дунё бовар надорам. На дар Амрико ва на дар Русия ва дилхоњ ягон кишвари дигар интихобот пурра шаффоф баргузор намешавад. Танњо мўњлати президентї дар дигар кишварњо аз мо фарќ мекунад. Интихоботи имсолаи президентї аз рўи меъёрњое мегузарад, ки интихоботи охир гузашта буд, зеро дар он асноди њуќуќї таѓйирот дароварда нашуд. Агар иловањо ба ќонуни интихобот дохил карда мешуданд, он ваќт шояд чизе таѓйир меёфт. То интихобот њанўз ваќт бисёр аст, бинобар ин то њол ягон њизбе њам номзади худашро пешнињод накардааст. Ман умедворам, ки дар интихобот он номзадњое пешнињод мешаванд, ки воќеан дар љомеаи Тољикистон эътибор дошта бошанд. Барои њамин њам, дар кишварњои дигар шахсиятњое ба раќобати интихобї дохил мешаванд, ки онњоро аллакай љомеа мешиносад. Масалан, дар Амрико сенаторњо, дар бисёр кишварњои дигар он намояндагони њизб, ки дар парлумон њадди аќќал 20-25 фоиз овоз дошта бошанд. Бе ин чиз мусобиќаи интихоботї маъно надорад. Њокимият ба шахс ќудрат медињад. Шахсиятњо њангоми дар вазифае кор кардан кї ва чї будани худро нишон медињанд. Тавре Саъдї гуфтааст: То мард сухан нагуфта бошад, Айбу њунараш нуњуфта бошад. Ман он интихоботеро, ки аќаллан 50 фоиз њаќиќат дорад, ќабул мекунам. Бигзор дигарон онро навад дар сад ва ё дањ дар сад донанд. -Устод, чун Шуморо ба њайси яке аз рўшанфикрон мешиносем, аммо мухолифати Шумо барои гузаштан ба хатти порсї моро ба њайрат меорад? -Ман зидди донистани хатти арабиасос нестам. Агар ман хатти арабиро намедонистам, рисолањои илмиамро њимоя карда наметавонистам. Хати кирилиро мо ба забони тољикї мутобиќ кардем. Овозњову њарфњои тољикиро илова кардем. Русњо менависанд Россия, аммо мехонанд Рассия. Дар мо ин тавр нест. Мо чї тавре, ки менависем, њамон тавр мехонем. Дар хатти арабї ин корро карда наметавонем, зеро барои навиштани њарфњое, ки дар забони тољикї овоз надоранд, мо бояд забони арабиро донем. Хат барои аќл зиёд кардан нест, хат барои баёни фикр аст. Чаро барои донистани забони тољикї мо забони арабиро биомўзем? Масалан, дар забони арабї њарфи “с”-ро се намуд талаффуз мекунанд. Дар забони тољикї танњо як “с” (се) њаст. Њаштод дарсади он нафароне, ки мехоњанд мо ба хати арабї гузарем, худашон хуб хондаву навиштан наметавонанд. Њар касе ки гузаштаашро донистан ва барои дигарон расонидан мехоњад, албатта ин хатро бояд донад, омўзад. Ин вазифааш аст. -Шумо яке аз бунёдгузорони факултаи рўзноманигорї њастед. Чаро њоло ягон дарси ихтисосї намедињед? -Соли 2011 ба нафаќа баромадам ва пурра аз Донишгоњи миллї рафтам, танњо ним баст дар Донишгоњи славянї дарс медињам. Ният дорам, пас аз рухсатињои тобистона дар он љой њам корро ќатъ кунам. Агар гўям, ки корро њоло пурра бас кардаам, хато намешавад. Аввалан синну соли ман ба нафаќа расидааст, дам гирифтан мехоњам. Дувум, хушбахтона, мактабњои олии мо кадрњои зиёди омўзгорї тарбия кардаанд ва онњо кори моро идома медињанд. Як чизи дигар њам њаст, одам бояд аз мењнати худ лаззат барад. Мутаассифона, дар байни довталабони касби журналистикаи имрўза кам љавононеро мебинї, ки талоши касбомўзиашон одамро њавасманди њамкорї кунад. Ќатъ кардани кори педагогї аз таълими журналистика пурра дур рафтани маро ифода намекунад. Агар дар ягон мањфиле фикри ман лозим шавад, албатта, рафта иштирок мекунам, зеро ман аввалин доктор ва профессори ин соња дар Тољикистон њастам.


№23 (283)  12 июни соли 2013

13

нома Зери номаи кушод ба президент 80 нафар имзо гузоштаанд Зери номаи кушоди рўшанфикрон ва намояндањои љомеаи шањрвандии Тољикистон ба номи президент Эмомалї Рањмон, ки чоруми июн дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд, то имрўз 80 нафар имзо гузоштаанд.

Номаи Зуњуров:

600 000 тољик љабри Узбакистонро мекашанд Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси Намояндагони Тољикистон, дар посух ба иддаои маќомоти Узбакистон дар мавриди зиёни Талко (корхонаи алюминиюми тољик) гуфтааст, сокинони навоњии шимоли Тољикистон њам ним ќарн боз љабри корхонањои саноатии Узбакистонро мекашанд.

Б

а ќавли ў, “корхонањои бузурги металлургї, заводњои сементбарорї, шабакањои барќу гармидињии дар ноњияњои Бекобод ва Олмалиќи Узбакистон љойгиршуда дар давоми ним аср боз њавои атмосфера ва захирањои оби ноњияњои шимоли Тољикистонро олуда месозанд.” Оќои Зуњуров ин њамаро дар номае, ки рўзи дањуми июн ба унвонии њамтои узбакаш Дилором Тошмуњаммадова ирсол кардааст, баён доштааст. Њафтаи гузашта маќомоти Узбакистон дар њамоише дар Латвия зиёни корхонаи алюминиюми тољик ба навоњии наздимарзии Узбакистонро дар панљ соли охир беш аз 400 миллион доллар баршумурданд. Њамчунин, њукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, Талко љони садњо њазор сокини навоњи наздимарзии Узбакистон ба хатар рўбарў кардааст. Аммо Шукурон Зуњуров ин њамаро љуз як даъвои хушку холї чизе беш надонистааст. Чун ба гуфтаи ў,“арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонањои саноатї ба муњити зист, саломатї, генофонди ањолии тањљої, низоми экологии минтаќа, мушоњидањои бисёрсола бо истифодаи таљњизоти махсус ва љалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад.” Њамчунин ба ќавли раиси Маљлиси Намояндагони Тољикистон, “дар пайдоиши ин ё он касалї ва бад шудани вазъи саломатї дар ин ё он мавзеъ инчунин омилњои дигар ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ѓизо, истифо-

даи зиёди мањсулоти воридотие, ки дар таркибашон мањсулоти аз љињати генетикї таѓйирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасї ба хизматрасонињои тиббї ва ѓайра таъсир мерасонанд.” Љаноби Зуњуров дар идомаи номааш гуфта, ки агар Тошканду Душанбе ба айбдоркунии тарафайн гузаранд, онњо низ метавонанд “далелњои илман асоснок ва исботшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар њудудњои наздисарњадии шимоли Тољикистон аз љониби корхонањои Узбекистон” пешнињод намоянд. Дар њоле ки ба таъкиди ў, коршиносон зарари расонидаи онњоро то ба садњо миллион доллар њисоб кардаанд. “Вале муњимтар аз њама зарари расонида ба саломатии ањолї аст, ки дар ин њудуд зери таъсири ин омилњо зиёда аз 600 њазор нафар ањолии ноњияњои Спитамен, Љаббор Расулов, Мастчоњ, Бобољон Ѓафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагї мекунанд”,-гуфтааст Шукурљон Зуњуров. Аммо ба ќавли раиси Маљлиси Намояндагони Тољикистон, бо баёни даъвои љонибњо масъалањои экологї њалли худро намеёбанд. Ва ин аст, ки ў пешнињод намудааст, то

барои њалли мушкилот “роњњои муштараки онро тариќи гуфтушуниди конструктивї паси мизи гуфтушунид ба роњ монем”. “Мо метавонем ингуна гуфтугўро дар доираи намояндагони парламентњои кишварњоямон ба роњ монем. Бо маќсади арзёбии њаќиќии вазъи экологии њудудњои бањсноки њарду љониб пешнињод менамоем, ки гурўњи байнипарлумонии њамкорї оид ба масъалањои экологї бо љалби коршиносони мустаќили байналхалќї таъсис дињем. Ин тарзи фаъолият имкон медињад, ки дар нињояти кор кишварњои мо нуќтаи назари ягона ва оќилонаву одилонаро бањри таъмини њифзи муњити зист ва истифодаи самарабахши табиат рўи кор оранд”,афзудааст ў. Дар охир ба номаи Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тољикистон, “Ќарори Шўрои Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 10 июни соли 2013” ва “Маълумотнома «Оид ба вазъи экологї ва чорањои амалишаванда бањри муњофизати муњити атроф дар минтаќаи КВД «Талко» замима шудааст.

Дар пайдоиши ин ё он касалї ва бад шудани вазъи саломатї дар ин ё он мавзеъ инчунин омилњои дигар ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ѓизо, истифодаи зиёди мањсулоти воридотие, ки дар таркибашон мањсулоти аз љињати генетикї таѓйирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасї ба хизматрасонињои тиббї ва ѓайра таъсир мерасонанд.

То њол номаро намояндањои касбу кори гуногун, аз ќабили адибону рўзноманигорон, њуќуќшиносону соњибкорон ва коршиносон, аз љумла Умед Бобохонов, Темур Варќї, Марат Мамадшоев, Мирзои Салимпур, Парвина Њамидова, Улфатхонум Мамадшоева, Парвина Ибодова, Амалхонум Гаљиева, Далер Ѓуфронов, Раљаби Мирзо, Бахтиёр Аминї, Олег Панфилов, Лола Олимова, Орзу Исоев, Рамзия Мирзобекова, Иршод Сулаймонї, Константин Бондаренко, Нозим Эшонќулов, Њољимуњаммад Умаров, Галина Юнусова, Алї Мастов, Асомиддин Атоев ва дигарон имзо кардаанд. Матни комили номаи гуруње аз рўшанфикрон ва намояндањои љомеаи шањрвандии кишвар ба президент Рањмон чунин аст: “Мўњтарам президент! Зиёиён ва намояндагони љомеаи шањрвандї омодаанд, њама талошњои њукуматро барои бењбуд бахшидан ба оромии шањрвандон ва пешрафти њамаљонибаи давлат пуштибонї кунанд. Аммо дар баробари ин, моро равандњои носолими иќтисодиву иљтимої ва сиёсї, аз љумла фишор нисбат ба намояндагони воситањои ахбори омма, љомеаи шањрвандї ва мухолифин нигарон кардааст. Ваќтњои охир риоя нашудани Ќонуни асосї, наќзи њуќуќ ва озодињои роњбари гурўњи ташаббускорони таъсиси њизби Тољикистони нав, Зайд Саидов, фишор ба аъзо ва муассисони Эътилоф барои њимоят аз демократия ва љомеаи шањрвандї, ба назар мерасанд. Љаноби президент! Баъд аз он ки Зайд Саидов

боздошт шуду лаѓви дахлонапазирияшро њамчун вакили маљлиси шањри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд ва айбномае, ки дар баробари ў эълон гардид, моро ба хулосае водор кардааст, ки ин ќазия хислати сиёсї дошта, ба таъсиси њизби Тољикистони нав рабт мегирад. Дар боздошти Зайд Саидов, нигањдории ў ва лаѓви ваколатњои вакилияш чандин бандњои ќонунгузории кишвар ва њатто Ќонуни асосї поймол карда шудаанд. Давлат ва њукумат танњо дар он њолат метавонад пойдор бошад ва бар зидди фишорњои даруниву берунї мубориза барад, ки ба љонибдории шањрвандон такя кунанд. Аммо аз корњое, ки дар рўзњои охир рух дода истодаанд, чунин бардошт мешавад, ки гурўње аз намояндагони њукумат махсус мехоњанд њукуматро бо ин кори худ аз мардум дур созанд. Ѓайр аз ин, боздошти Зайд Саидов барои љалби сармоягузорони хориљї ба кишвари мо таъсири манфї мерасонад ва обрўи давлати моро дар назди љањониён коњиш медињад. Аз ин хотир, аз Шумо њамчун кафили Ќонуни асосї хоњиш мекунем, ба ин кор дахолати бевосита намоед, то ки сохторњои ќудратї аз доираи ўњдадорињои худ набаромада, аз пайи њалли ин масъала шаванд. Итминони комил дорем, аз рўи адолат њал шудани мушкили Зайд Саидов метавонад барои амнияти кишвар, барои зиёд шудани боварии мардум ба раванди интихоботи президентии дар пешистода ва барои обрўи Шумо ва њам кишвари мо таъсири мусбат расонад. Умед ба хиради сиёсии Шумо ва волоияти ќонун дар кишвар дорем”.


14

№23 (283)  12 июни соли 2013

њарфи нав

Арафаи ид Ќарз, ќарз, ќарз… Аз Зариф, аз Шариф, аз Њалим, аз Салим, аз Назар, аз Сафар, аз Зубайдулло, аз Убайдулло, аз Суњбатулло, аз Неъматулло, аз Маљид, аз Саид, аз Абдулло, аз Њамдулло, аз … Шодї МУЊАММАДРАЉАБ

Ман ин фењристро дар маѓзам тањлил мекунам. Дигар чун рўзњои ќаблї вањмам намегирад, ѓамбода намешавам. Ба таќдир тан додаам, одат кардааму хў гирифтам. Талоше надорам, беморам. Аммо… «Доду бедод, дод аз ин дафтари ќарзњо!» Мегўям пеши худ, вопас даст мекашам аз кори муаллимї. Дигар рўзњои нек аз ман рў тобидаанд. Се моњ шуда на паёмест, на хабарест аз маош. На умедвориест, на нишоту ангезањои шодиомез. Дигар ба сафар хоњам баромад. Њунарманде нестам, не, не, ба Худо. На наљљораму на андовагар ва на устои таъмири аврупої. Шояд ранг молидан биёяд аз дастам. Аслан дар кандану чаппа кардани бинову иморатњои кўњнаву вайрона дасти боло дорам. Ба ќавли њамсояам Шукруллои шофир, «капат-ламат» њам хуб њунарест. Аммо њоло ки ин љоям, дар хонаву дари худ, пеши фарзандонам, андар дењаам. Имрўзу фардо… Дари хонае, ки сари миз нишастааму ин андешањо дар он шабењи тўдаи занбўрњо дар њелчаи сарам чарх мезананду ѓавѓо бармеангезанд, нарму бесадо кушода мешавад. «Имрўзу фардо…» Тори нозуки афкорам бо овози ѓиљирроси дар латма мехўраду канда мешавад. Њамсарам аст, ки андўњзадаву маъюс меояд пешам. Нигоњаш малолатангез. - Чизе менависї? — назари суол медўзад ба ман. - Не, њоло, — медињамаш посух ва ба дард илова мекунам,- дар ин сар, дар ин гумбази аќлу хирад, ки њолиё ба хирмани андешаву хаёлњои зиндагї табдил ёфта, ѓайри вањми ќарзњои барнагардондаи мардум ва бенониву ѓизої чизе дар њаракат набуду нест. Ростї, аќлам кунду зењнам хастатар гашта. Бо ин вазъ дуруст чизе эљод кардану навиштан амрест муњолу хаёлест хому хандаовар. Медонї… - Гуфтам, ташвишат намедињам, — мегўяд ноилољу озурдахотир,вале чї кунам, ки… - Бигў дарди дилатро, ман бояд, ки гўш фаро бидињам… - Арафаи ид аст. Як рўз дар байн монда. Аз њеч љо чанд сўме ба каф наовардї, рўзи ид бо дастархони холї шарманда мешавем, мардак. Айби калон… Эњ… - Мебинам, меандешам, — тасалло медињам њамсарамро, вале роњи њалли ин муамморо, ки намеёбам. Рост, як рўзи дигар монда ба иди рамазон. Ман бошам… - Њељ аз мактаб дил накандї, — ѓур-ѓур мекунад њамчунон занам. Њама рафтанд ба Расияву зиндагиро пеш бурданд. Ту гуфтї, ки њамааш наѓз мешавад. Дунё ба як ќарор намемонад. Ѓами фарзандони мардум хўрдї, ки бесавод намонанд боз. Ана оќибаташ. Аз тиреза ба берун менигарам. Офтоб бас дурахшон аст, амвољи нураш рўи шиша мунъакис гардида, ки ба чашм мезанад. Рўи гулњои садбарг ва як навъи дигар, ки зарди зард аст, шапалакњои мулавван ва занбўрони асали пурпашм дар парвозанд. Ѓинг-ѓинг-ѓинг… Садошон меояд, мерезад дар гўшам. Ва шохањо бо баргњои сабзи навруста ва гунљишкњову мурѓакон бологузари ин шохањо ва замзамаву савту сароиш… чї олами њаётзо, чї шўру шанги дилангез. Њама њашароту љондорњо бедоранду дар њаракат. Ин, як манам андар хона карахту

пакар ва ѓарќ дар сукут, ба ёди фардоям. Хуб мебуд, аз солњои ќабл мебаромадаму мерафтам аз хонаву аз мактабу аз дења. Инак, ба сафар хоњам баромад. Дигар њељ майлам ба дењу ба мактаб намонда. Меравам, ба Худо ки… шояд аз авохири њамин фасли бањор. Бояд рањ ба сўи дигар кишвар гирифт. Бояд азми сафар кард. Вале њоло… Мебароям ба берун. Рў ба љониби осмон мекунам ва … дасти дуову ниёиш мебардорам: «Ай Худо! Ку, мўъљизњои пайѓамбаронат? «Ва он ваќт, ки об хост Мўсо барои ќавми худ, пас гуфтем: «бизан ба асои худ сангро» баъди он ки зад равон шуд аз санг 12 чашма, ки њамоно бидонист њар гурўњ, обхурди худро. Гуфтем бихўреду бинўшед аз ризќу рўзии Худо ва фасоду табоњї макунед, дар замин зиёда (Сураи «Баќара», ояти 60-ум). Аммо њоло аз мўъљиза хабаре нест. Ва ё аз ќавли Нодирпур: Дарахти мўъљиза хушкидаст, Ва кимиёи замон оташи нубувватро Бадил ба хуну тило кардаст Ва ранги хуну тилло бўи киштзоронро Зи ёд ба дабдабањои тарона хун бурдаст, Ва Офтоб Масењои рўшної нест… - Меравам хонаи Соњиб, — мегўяд њамсарам. Шояд, ки ќарз медињадам занаш Соњиб хеши дури мост, ки дар Русия солњое ба тољирї машѓул аст. Њарфе намегўям, ангор як муљассамаи андўњу њасратам, ки садое аз ман дарнамеояд. Меравад њамсарам ва ман мемонаму андешањои пуртањлукаю сари гиљам. Аз шунидани вожаи «ќарз» чї ќадар ба сутўњ меоям. Моњест аз ину он ёрони дерин ќарз гирифта, зиндагиро пеш мебарам. Њамакнун намебароям аз дар, аз њама дилмондаам. Беморї љумла пайкарамро чу кирми дарахт мехўраду узв-узви баданам фишурда мегардад. Инак, як рўзе монда ба ид. Имрўзу фардо! Дар ин хона њатто орд нест, чї љойи он ки рўи хонро бо љамеи анвои ќанду шираворї, маѓзу мавиз, кулчаю њалво ва меваљот орою торо дињї! Хайрият, китобњо њастанд, як хонаи пур. Худро ба мутолиаи китобњо мезанам, вагарна ин аждањои зиндагї кайњо маро фурў бурда буд. Њар чї менависаму рўи коѓаз меорам, аз туѓёни дилу талошњои рўњи барозандаи мананд. Аз дарвозаи њавлї аввал сар, баъд пайкари њамсарам намудор мегардад. Чї ранљидахотиру гирифтаабрў менамояд. Њанўз њарфе ба лаб намеорам. Хомўшам. Санг гаштаам… - Кош ба дари њар касу нокас ќадам намемондам! — фиѓон мекашад њамсарам. Дар таќдиру насибаам њамин азобњову талхию шўрї навишта шуда будааст. Ва лањзае хомўширо ихтиёр мекунад ва андар суфача менишинад. - Як умр китоб гуфт ин мардак, — боз њам ба ѓурбат шуруъ мекунад вай. Навиштану навиштан, вараќњои бисёреро сиёњ кардан. Ин навиштањо азобњои зиндагии моро осон кардааст? Ба Худо, намефањмам, ки намефањмам. Ана рафтам ба хонаи Соњиб. Занаш аз дарвоза баромада гуфт: «Чї мехостї?» Њатто «биё» њам бар забонаш мењмон нашуд. «Ягон сўм пул ќарз медодед, — арзи њол кардам. Аќаллан 10000

сўм (пули соли 1995) ёрдам мекардед…» Медонї, вай чї гуфт? - Чї гуфт? — мепурсам аз њамсарам, ки чин бар абрў кашидаву њавсалаи њарф задан надорад. - Гуфт, ки шавњари ман зимистони дарозу сард дар Россия барои занњои мардум пул кор мекунад? Магар вай мардикори хонањои дигарон аст? Не, пул надорем мо. Шўят бемор аст? Миёнша мањкам бубандаву хаёли касалиро аз сар берун кунад ва билет бихараву бирава ба Русия. Бо мактаба ќапида шиштан дили њеч кас намесўзад ба вай. - Баъд чї шуд? — кунљковї мекунам ман. - Баъд… эњ.. — оњ мекашад њамсарам,- баъд даричаи оњаниро сахт ба рўям пўшид. Ана њамин хел… Ту бошї… як бор аз даруни хона берун намебарої. Чї мардаке њастї, ки кунљи хонаро иљора гирифтї. Чї маќсаде дорї, намефањмам. Њай дареѓ! Орзуњои ман барбод мераванд. Ман инсони мањдудам, ки дар байни чањор девор бо њадафњои норўшани худ ќарор гирифтаам. Иродаи ман тадриљан рў ба завол меорад. Аммо чї талошњову муќовиматњоро дар зиндагї мехостам аз сар бигирам! Инсони кўчак, мискин бо орзуњои мафлуљи дурнамояш хираву тира. Ман ба ин насл маърифат меомўзам, тафаккури созанда меофарам, ин оламро ба сурати дигар, ки дар он нозу неъмат фаровону одамњо бо мењру бо тарањњуманд ва хиёли газанд расондан бар њамдигарї, бадманишиву дасисакорї дар сар надоранд, сохтаниям. Оё метавонам? Ман, ки Толстой нестам. Он пири фарзона анќариб 300 сар аспу дањњо њазор гектар замин дошт. Мактаб бунёд карда буду фарзандони рустоиёни бенаворо сабаќ меомўзонд. Ман бошам… Инсони пурорзуе њастам, вале дар рў ба рўи берањмињои зиндагї ноилољ, забуну ољиз… Њатто наметавонам рўи суфраи идонаи хонаамро оро бидињам. Як инсони мањдуд, бо љумла афкору умедњои фарохмуњтавои безамина. «Замоне фаро меояд, ки Шумо ба ављи бузургї мерасед! Одамони як кишвар чї ки, оламе шуморо мешиносаду дар бораатон њарф мезанад. шумову Толстой, шумову Достоевский, шумову Габриэл Маркес, шумову…». Ин садои кист? Дар куљо шунидаам ин ибороту љумлањоро? Ё андар китобе мутолиа кардам? Ё садои Зафар аст? Ё рањматии Абдулњакими њамкурсам? Ё андарзи шодравон… Сайф Рањимзод аст? Тафовут наметавонам кунам. Не, не! Бузургї! Чї вожаи хушоњангу олї! «Мо куљову бузургї куљо?» Як тўда абрњои сафеди сафед дар пањнои осмон хирман мезананд. Бўи хоки тоза мерасад ба машом. - Ѓаматро бихўр, мардак, — садо мебарорад аз ошхона њамсарам. Шери осиёббони њамсинфат охирин маротиба орд дод. Гуфт, ки

пули ордњои пештар бурдаатонро њисобї мекунед, баъд… - Чї баъд? - Баъд боз орд медињам ба шумо. Ана њамин дањ кило ордро барои ид кўлчаву чакалдак мепазам. Бо Њамин тамом! «Ваќт аст, — меандешам ба дил, бояд биравам. Дигар ин љо истодани ман билкул маъние надорад. Талошњо, орзуњо… бар гўр мераванд. Ман орзуњоямро зиндонї мекунам. Ман — як инсони танњо, хаставу афсурда ба думболи хостањои зиндагии нафсонї меравам. Ман дигар мутаваљљењ ва муроќиби њоли ботини хеш нестам». - Робияи магазинчї њам эълон кардааст, ки дигар маводу колоро ба таври нася намедињад ба одамон, — ногањон боз овози њамсарам баланд мегардад. Пулашро наќд месупоранд, баъд молро мегиранд. Эълонро дар кардоне навишта, дар болои дари магазинаш овехтааст, — мефањмонад занам ва ман… Ѓайриихтиёр ба фикр фурў меравам. Як рўз монда дар байн. Њамагї як рўз! Чї бояд кард? … Шаб канори дастархон: - Фардо меравам, рост ба маѓозаи Робия, тасмим мегирам ман. - Барои чї, мардак? — мепурсад њамсарам. - Барои… - Нозу неъмати рўи дастархони идї? - Њамин тавр. - Нарав, ки обрўятро мерезонї. Вай дигар нася як хас намедињад ба кас. - Охир… - Хайр, боз худат медонї… Одамон азобу машаќќатњои зиндагиро дар љисму љонашон кашида, оќибат ба маќоми бузургї расидаанд. Дар зиндонњо, дар мењнати бардагї, дар ѓурбат… тањќиру фишори миллатњои ѓайрро тањаммул карда, марњалаи шаъну шуњратро фатњ намудаанд. Аттор кї буд? Атрфурўше! Шайх Саъдї асир афтода, лой мељўлонду девор мебардошт. Шиблї 22 сол занљирбанд буд. Мансури Њаллољ ба њаллољии пунба шуѓл меварзид. Ман кистам? Љавонмарде вомонда дар мањдудаи Ваќту Замон! … Нимарўзи фардо бархоста роњ љониби маѓозаи Робия мегирам. Дигар ќарор якест, андешаи тўлонї дилу љигарамро хоњад хўрд. Эњсоси сарафкандагї, шармсору хиљолатзада нагардидан назди њамсоягон, ба як сухан нуфузу обрў дар нињоди ман нерўе ба зуњур меорад. Рафтану аз маѓоза харид кардан! Дигар китобњо, китобњо, навиштањои хому номукаммали банда ба аъмоќи фаромўшї сарозер мешаванд. Дигар… рўњи ман маѓлуб аст, орзуњоям зиндонї… Аз дари маѓоза сар дарун мекунам. Робия нест. Чї хубе! Ба љойи ў додарзодааш Шоњин савдо мекунад. Чењрааш бас гарм метобад,

нигоњаш фурўѓи зиндагизо дорад. Ин ваќт, ки ман дар маѓозаам, каси дигаре њузур надорад. - Бифармоед, муаллим, — хандида мегўяд Шоњин,- чї мехостед? Ва ман аз њар навъи ќанду шираворї, набот, кулчаќандњо, маѓзу мавиз, тортњо, равѓан, рулетњо, вафлик, пряникњо ва њалвои магазинї аз ў дархост мекунам ва ду халтаи калони пур-пури анвои ѓизоиро ба сўям дароз мекунад Шоњин. - Марњамат, муаллим, — мегўяд вай. Акнун њисоб мекунем: шакалоди … , равѓан… , торт… љамъулљамъ 21 њазор сўм. (пули соли 1995) Ман њарфе бар забон намеорам. Хомўшам, маљоли дањон кушодан надорам. - Ба хаёл рафтед, муаллим? — овози Шоњин маро ба олами воќеият меорад. - Ман пул надорам, бародар, — яке беихтиёр мегўям ман. Ман… - Эъ, ин хел намешавад! Не, не. Мо эълон кардаем, ки нася намедињем молу колоро, — ранљишомез мегўяд Шоњин. Халтањоро баргардонед, муаллим. Дастонам ба ларза медароянд, чашмонам сиёњ мезананд, рўям худ аз худ метафсаду оташ мегирад. «Шумо ба ављи бузургї мерасед. Достоевский, Лев Толстой, Маркес, Э.Золя, Жан Жак Руссо, Стендал.. аз кадом пайроња шуруъ кардаанду ба шоњроњи олие расидаанд. Дурўѓ! Мутлаќо дурўѓ! Ман дар моварои шакку тардид ва эътиќоду эътимод муаллаќ мондаам. Ман, ки тангаи сиёње надорам, ман, ки ду халтача маводу колоро харида наметавонам… Мо аз кадом бузургї њарф мезанем?». - Баргардонед, халтањоро, — дубора таъкид мекунад Шоњин ва аз чї бошад, рўњи ман шикаставу иродаам маѓлуб мегардад. Эњ, зиндагї… - Медонед, бародар, — аранге овоз мебарорам ман. Як бор некї кунед, арафаи ид аст охир, њамин ки маошро оварданд, батаъљил меораму медињам ба шумо. Маро бояд дуруст фањмед, шогирдам… Шоњин нохосту ногањонї бо нигоњи тарањњумомез ва мамлў аз дилсўзї, мустаќиман ба ман менигарад. - Шумо, шумо… муаллим, — канда-канда ба забон меорад вай. Барои ид харид кардед… Ња-а-а… Барои ид гўед… Њаминро аз аввал мегуфтед… Майлаш, бигиред нася. Ман номатонро менависам дар дафтари ќарзњо. Баъд… Дигар овози Шоњин ба гўши ман намедарояд. Бояд аз ин љо зуд дур шавам. Боаљала халтањо дар даст мебароям аз магазин ва сўи њавлиам мешитобам ва аммо рафтанам ба мулки ѓарибї аниќ аст. Аз мењнати пурмашаќќат то расидан ба ављи бузургї! Оё метавонам?


№23 (283)  12 июни соли 2013

15

эътироз «Танњо дар сурате аз гуруснанишинї даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тољикистонро бартараф кунанд» Сафват Бурњонов, хабарнигори тољик ахиран аз “гуруснанишинии бемуњлати сиёсї” хабар дод. Ў дар номае, ки рўзи шашуми июн тавассути шабакањои иљтимої дастраси њамагон кард, гуфт, “бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ” ба ин кор даст задааст. Хабарнигори «Озодагон» барои њолпурсї назди Сафват рафт ва нахуст аз ў пурсид, ки тасмимаш дар мавриди гуруснанишинї њанўз њам устувор аст? Абдуѓанї Абдулвањњоб Сафват Бурњонов: «Бале, ин тасмимро ман барои як соат нагирифтаам». Озодагон: Мегўянд, Сафват баъзе мушкилоти иќтисодї дорад ва агар њукумат онњоро бартараф кунад, ба гуруснанишинї хотима медињад, дуруст аст? Сафват Бурњонов: «Ба мушкилоти иќтисодї на танњо ман, балки аз раиси љумњур сар карда, то охирон шањрванди Тољикистон рўбарў њастанд. Ман њам барои њамин ба ин иќдом даст задам, ки њама мувољењи ин мушкиланд. Кишвари моро агар «Тољикистонмушкилоти иќтисодї» гўем мешавад. Танњо дар сурате аз тасмими худ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тољикистонро бартараф кунанд. Ман барои мушкилоти танњо худам ба ин иќдом даст назадаам. Агар мушкилоти кишвар бартараф шуд, пас мушкили ман низ њал шудааст». Озодагон: Шумо то куљо бовар доред, мушкилоте, ки дар давоми 20 сол бартараф нашудааст, њал мешавад? Сафват Бурњонов: «Мушкилоти Тољикистон дар ин 20 сол рўз аз рўз зиёд мешавад. Ин мушкилот мо хоњем нахоњем бартараф мешавад, агар ин њукумат накард, њукумати дигар мекунад. Зеро ин мушкилот бартарафнашаванда нест. Аз ин рў, ман мехоњам њамин њукумат бартараф кунад». Озодагон: Яъне, ба андешаи Шумо њукумати кунунї барои њалли ин мушкилот ќодир аст? Сафват Бурњонов: «Бале, метавонад мушкилоти мављударо бартараф созад». Озодагон: Замони фаъолият дар нашрияи «Нерўи Сухан» аз хукумат интиќод мекардед, баъдан матолибе бо имзои Шумо нашр гардид, ки дар онњо аз њукумат љонибдорї мешуд… Сафват Бурњонов: «Ин кори

Муассис:

журналист аст. Њар ваќт кори хубро дид таъриф мекунад, иќдомњои бадро дид, танќид. Роњбар ваќте пули давлатро дуруст харољот кард, мо онро таъриф мекунем ва ваќте нодуруст масраф шуд, интиќод мекунем. Масалан, ваќте Абдуљаббор Рањмонов ба курсии раиси Кумитаи телевизион ва радио нишаст аз кормандони телевизион навиштани иншоро талаб кард, ман њама чизро партофтаму бо нишони эътироз аз кор рафтам. Ваќте ба Вазорати маориф омад, корњои хуберо анљом дод, ман таърифаш кардам. То омадани ў мактаб набуд, вале ў омад мактабро зинда кард. Ё барои мисол, Њамрохон Зарифї ваќте вазири корњои хориљї шуд, дипломатия љон гирифт. Саймумин Ятимов раиси Кумитаи амнияти миллї буд, инњо хеле хидмат карданд. Инњо шоистаи таъриф кардан мебошанд. Худи раиси љумњур, Эмомалї Рањмон низ аз зумраи инњо мебошад ва барои њамин ман дар боло њам гуфта будам, ки њамин њукумат метавонад мушкилотро бартараф кунад. Хидматњои Эмомалї Рањмон кам нест, њозир мо ягон гуреза дар хориљ надорем. Барои мисол мардуми Афѓонистон метавонад бигўяд, ки ягон президенташон ин гуна корро кардааст, не. Бархењо мегўянд, не инро танњо Рањмон накардааст. Ман шоњиди њамон рўзњо њастам, садњо ќуввањое буданд, ки намегузоштанд, Рањмон ин корњоро кунад. Вале ин њамаро зери назорати худ ќарор дода, охирин гурезаро ба ватан овард. Аз ин рў, ман дар мавриди истеъфо ягон калима намегўям. Њамин њукумат бояд ин хатоињоро бубинад ва ислоњ кунад». Озодагон: Шумо гуфтед Абдуљаббор Рањмонов хатої кард, танќид кардам, ба андешаи Шумо фаъолияти кадоме аз мансабдорони кунуниро метавон танќид кард? Сафват Бурњонов: «Дар маври-

Зафари Сўфї

Муњаррир:

Азизи Наќибзод

Директор:

Хилватшоњи Мањмуд

ди Вазорати молия, Бонки миллї, Вазорати иќтисод, Вазорати кишоварзї, Вазорати мудофиаю Вазорати меллиоратсия танќид як тараф истад, чизи мегуфтанї намондааст. Дар ноњияи Темурмалик, ки солњои 1994 он љо љанги вазнин буд, як мард раис шуд. 18 киллометр обро тариќи ќубур кашида, заминњоро обёрї кард. Як раис ин корро тавонист, аммо чаро Вазорати кишоварзї ё Вазорати меллиоратсия бо миллион миллионњо маблаѓ њатто як љўйборак кушода наметавонанд? Ин пулњо куљо мераванд? Ин халќ то кай хомўш мешинад, як рўз не, як рўз гап мезанад». Озодагон: Шумо аз чанд вазорат ном гирифтед, ки ба андешаи Шумо вазифаи худро дуруст иљро намекунанд. Бояд чї иќдоме нисбат ба онњо гирифт? Сафват Бурњонов: «Инњо тафаккур надоранд. Агар њади аќќал ду дар сади гуфтањои раиси љумњурро иљро кунанд бас аст. Инњо намефањманд, ки раисиљумњур чї мегўяд». Озодагон: Яъне Шумо гуфтаниед, роњбарони ин вазоратњо барканор шаванд? Сафват Бурњонов: «Бале, як нафар набояд аз ду сол дар як мансаб истад. Ќонун ќабул гардад, ки роњбарон баъди њар ду сол иваз шаванд. Бояд пурра роњбарон иваз шаванд». Озодагон: Бархењо мегўянд, дар матолибе, ки аз тарафи «Фабрикаи љавоб» навишта мешавад, сабки шумо дида мешавад, ин то куљо њаќиќат дорад? Сафват Бурњонов: «Њар касе чунин мегўяд, маро бад мебинад, ба ман рашк дорад. Зеро ман на дар амният ва на дар миёни рўњониён душман надорам. Ман умуман душман надорам. Гузашта аз ин њељ гоњ бо имзои мустаъор чизе нанавиштаам. Имзои муста-

Хабарнигорон: Абдулазизи Восеъ, Исфандиёри Халилї, њумайрои Бахтиёр, Сиёвуши ќосимзода Тарроњ: Аслиддини љумъа менељер: С. НЕЪМатУлло Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Озодагон: Яке аз пунктњои талаботи Шумо, ки дар хабари даст ба гуруснанишинї заданатон гуфтед, гузаронидани ислоњот дар Вазорати мудофиа мебошад. Ба назари Шумо чї мушкилоти љиддие дар ин нињод дида мешавад? Сафват Бурњонов: «Якум ин ки нафаре, ки тариќи «облава» ба артиш бурда мешавад, дар ягон њолат кишвари худро њимоя нахоњад кард ва баъд ин ки худи «облава» љиноят мебошад. Таъ-

миноти моддию техникии артиш сифр мебошад. Аскар гурусна, ташна, белибосанд. Ваќте инсон дид, ки кореро наметавонад кунад, бояд барояд равад. Ин гуна артиш ба кї лозим? Ман ба Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттањид мурољиат кардам, ки давлатњое ба мисли Тољикистон ќашоќанд, иќтидори артиш доштан надоранд, аз ин рў бояд артиши онњо барњам дода шавад. Барои мисол агар Чин, ки якуним миллион ањолї дорад, пуф кунад, мо аз байн меравем». Озодагон: Гуруснанишинии Шумо то кай идома хоњад кард? Сафват Бурњонов: «То рўзе, ки зўрам мерасад. То рўзе, ки ислоњот шурўъ нашавад. Ваќте дарк кардам, ки њукумат фањмидааст, ки дар бораи халќ фикр кардан лозим аст, аз ин тасмим даст мекашам».

 Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест.  Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд.  Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст.  Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202972800036580001 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе

www.ozodagon.com

ъор надорам ва ин кори номардонаю буздилиро намекунам. Њар чизе менависам зери он имзои худро мегузорам. Ман дар миёни тамоми ќишри љомеа дўсту рафиќ дорам, аммо ин ба маъное нест, ки корманди амният ё «фабрикаи љавоб» бошам. Агар чизе нависам љиддї менависам, на ба мисли он «фабрикаи љавоб»-е, ки шумо дар назар доред».

ИНН № 030012573

нишонї Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880-07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст.


№23 (283)  12 июни соли 2013


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.