Шумораи 12-уми "Озодагон"

Page 1

Аз Тољикистон метарсанд! Ва мегурезанд 

27 марти соли 2013, №12 (272)

ozodagon@mail.ru

МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА

"Чормаѓзи пуч" ДИДГОЊИ ЊАФТА

Рўи љасади шер зоѓу заѓан њам пирўзанд! МАВЗЎИ ЊАФТА

Танњо дар Тољикистон масъулин худро гунањкор намедонанд ЯК ЊАФТАИ МУЗОФОТ

Бе нон њам суруд мешавад! хабаргузории

Хатнасурро яксў гузоред, хати барќ кашед!


2

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЊАФТ ХАБАРИ ЊАФТА

НИГАРОНЇ ИМСОЛ МУЊОЉИРАТ АЗ ТОЉИКИСТОН 24 ДАРСАД АФЗОИШ ЁФТААСТ

Хадамоти муњољирати Тољикистон мегўяд, тайи ду моњи аввали соли равон аз кишвар 152 њазору 871 нафар ба муњољират рафтаанд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар аст. Ба иттилои ин нињод миёни шањрвандони аз Тољикистон рафта, 127 њазорашонро мард ва 25 њазорашонро зан ташкил додаанд. Дар маљмуъ теъдоди тољикон дар Русия беш аз як миллион нафар арзёбї мешавад. Дар њамин њол Созмони милали муттањид дар њамкорї бо Вазорати рушди иќтисоду савдои Тољикистон гузориш медињад, ки аз хориља ба Тољикистон дар ду моњи аввали соли равон њудуди 360 миллион доллар ворид шудааст. Тибќи иттилои Бонки марказии Русия дар соли гузашта аз Русия ба Тољикистон 3 миллиарду 651 миллион доллари амрикої ворид шудааст, ки нисбати соли пеш њудуди 20 дарсад бештар аст. Аз рўи њаљми маблаѓњои аз Русия воридшуда Тољикистон миёни кишварњои Осиёи Марказї баъд аз Узбакистон дар љои дуюм меистад.

БОЗДОШТ

АСКАРИ ФИРОРИИ ТОЉИК ДАР КРАСНОЯРСК ДАСТГИР ШУД

Маќомоти пулиси минтаќаи Красноярски Русия шањрванди Тољикистонро, ки худсарона ќисми њарбиро дар Ватан тарк карда, аз хидмат дар артиш гурехтааст, боздошт намуд. Тавре Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ медињад, кормандони шуъбаи ноњияи Нижнеингашски вилояти Красноярск, зимни боздид аз бозорњои ноњия њуљљатњои ин шањрванди Тољикистонро тафтиш карда, муайян кардаанд, ки ў дар пайгарди федеролї ќарор дорад ва дар Ватан барои гурез аз хидмати њарбї муттањам мешавад. Ба иттилои манбаъ айни њол шањрванди фирории Тољикистон дар боздоштгоњи муваќќатии Красноярск нигоњдорї шуда, додгоњи вилоят масъалаи истирдодаш ба Ватанро баррасї мекунад.

ПИРЎЗЇ

РАЉАБИ МИРЗО ДАР ВОСЕЪ ЃОЛИБ ОМАД... ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТ

Раљаби Мирзо, журналисти маъруфи тољик, барандаи љоизаи ба номи Абдулњай Мирзоев дар ноњияи Восеъ гардид. Роњбари маркази сотсиологии "Бозтоб" ва муассиси нашрияи "Рўзи нав" дар бахши матбуоти озмун ба маќоми аввал расид. Озмуни мазкур соли гузашта дар рўзњои таљлил аз 100 солагии матбуоти тољик дар ноњияи Восеъ эълон шуд ва дар Наврўзи имсол љамъбаст гардид. Ба љуз аз Раљаби Мирзо њамчунин Хоља Назрї, муњаррири барномањои шабакаи телевизионии "Мављи озод" дар бахши телевизион ва Љонибеки Асрориён, сармуњаррири радиои "Садои Душанбе" дар бахши радио љоизаи ба номи Абдулњай Мирзоевро ба даст оварданд. Абдулњай Мирзоев аввалин сармуњаррири рўзномаи ноњиявии "Барои коммунизм" (баъдан "Мубориз" ва феълан "Гулхани Восеъ") мебошад. Раљаби Мирзо њамчунин муддаии курсии холишудаи Маљлиси намояндагон дар интихоботи миёндавраии њавзаи №39 (Восеъ) мебошад. Ў ба таври худпешбарї мехоњад дар ин маърака ширкат варзад. То кунун Њизби аграрии Тољикистон ва Њизби халќї-демократї асноди лозимро ба комиссияи њавзавии интихоботии №39 пешнињод кардаанд. Аввалї номзадии Зайниддин Сафаров, мутахассиси соњаи кишоварзї ва яке аз поягузорони њизби аграрї ва дуюмї Ибодулло Неъматов, раиси љамоати Рудакии ноњияи Восеъро пешбарї кардааст. Интизор меравад, Њизби нањзати исломии Тољикистон њам номзади худро пешнињод кунад. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тољикистон ахиран эълон кард, ки интихоботи миёндавраї дар њавзаи якмандатии Восеъ №39, 5-уми май баргузор мешавад. Рустам Латипов, намояндаи њизби аграрии Тољикистон, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз њамин њавза ба њайси вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд, ахиран бо амри райисљумњур райиси ноњияи Восеъ интихоб гардид.

Њикмати њафта

ИНТЕРПОЛ "ГУМШАВЇ"-И ЌУВВАТОВРО АЗ БОЗДОШТГОЊИ ДУБАЙ " ДУРЎЃ" ХОНД

ИНКОР

Пулиси байналмилалї ё "Интерпол" бо пахши як изњорот хабарњои ВАО-ро дар мавриди раванди боздошту истирдоди Умаралї Ќувватов аз Дубай дуруѓ хондааст. Ин нињод хабарњо вобаста ба рад шудани истирдоди Умаралї Ќувватов ба Тољикистон, гумшавиаш аз боздоштгоњи муваќќатии Дубай ва доир гардидани мурофиаи навбатии Ќувватовро дар рўзи 10-уми апрели соли равон инкор менамояд. "Интерпол" мегўяд, бо дархости Бюрои марказии миллии "Интерпол" дар Тољикистон, маќомоти Дубай расман љавоб доданд, ки Умаралї Ќувватов ѓайб назадаст ва айни замон дар мањкамаи нигањдории муваќќатї ќарор дошта, мурофиаи навбатии судии ў 7-уми апрел доир мегардад. "Интерпол" инчунин таъкид кардааст, ки вакили мудофеи Ќувватов, њуќуќшинос аз худи Аморати Муттањидаи Араб мебошад. Ин дар њолест, ки ќаблан расонањои хабарї аз ќавли Николай Николаев, ки худро вакили мудофеи Умаралї Ќувватов мегўяд, хабар доданд, ки нафари тањти њимояташ 15-уми март аз боздоштгоњи Дубай "гум шудааст". Аз љумла Николаев дар суњбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, "њамроњони Ќувватов дар боздоштгоњи Дубай гуфтанд, соати дуи шаб одамон дар либосњои сиёњ омада, ўро гирифта рафтаанд. Баъд аз ин тамос бо ў ќатъ шуд". Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24", ки худро мухолифи њукумати кунунии Тољикистон эълом кардааст, моњи декабри соли 2012 дар фурудгоњи Дубай дастгир ва дар боздоштгоњи муваќќат нигањдорї мешуд.

Дањуми март додгоњи Дубай дархости Тољикистон барои истирдоди сареи Ќувватов ба Душанберо рад карда ва гуфта буд, мурофиа оѓози моњи апрел идома хоњад кард. Маќомоти тољик Умаралї Ќувватовро дар дуздии 6 миллион доллар маблаѓи ширкатњои Тољирон ва Фароз муттањам медонанд. Љаноби Ќувватов тобистони соли гузашта ба Маскав рафта, аз таъсиси созмони сиёсї ва мухолифи њукумати Тољикистон - "Гурўњи 24" хабар дод. Ў дар изњороти худ ба унвони рањбари ин гуруњ гуфта буд, дар интихоботи соли 2013 бояд Эмомалї Рањмон ширкат наљўяд.

НИГАРОНИИ ДОСТИЕВ АЗ МАЊАЛБОЗИИ ДИАСПОРАЊОИ ТОЉИКОН ДАР РУСИЯ

МАВЌЕЪ

Абдумаљид Достиев, сафири Тољикистон дар Русия мегўяд, аксари диаспора ва иттињодияњои тољикон дар Русия аз рўи мањал созмон ёфтаанд ва бештар ба њимояи манфиатњои шахсї машѓуланд, на миллї. Достиев дар суњбат бо "Озодагон" сўитафоњумњои роњбарони иттињодияњои тољикон дар Русияро шарњ дода, афзуд, "ин як дарди тољикї аст. Њамон созмон ва ё диаспорањое, ки мегўем дар асоси мањал ташкил шудаанд. Аз Тољикистон шояд чандон эњсос нашавад, вале дар Русия ин гуна масоилро мисле, ки дар оинаи нилгун мебинї, равшану возењ аст. Чанде аз чунин диаспораву созмонњоро рањбарон бо њамсару фарзандон ва хешутаборонашон таъсис додаанд. Ин ба дарди муњољирон намехўрад. Диаспорањоро бештар барои њимояи манфиатњои худашон ташкил додаанд, на барои мардуми тољик". Ин изњороти Достиев дар њолест, ки ахиран дар Маскав ду

чењраи шинохта аз љумлаи рањбарони љамъиятњои тољикон дар Русия- Каромат Шарипов ва Изат Амон мухолифи њам баромада, эњтимоли додгоњї шудани бањси онњо ба миён омадааст. Каромат Шарипов, раиси Љунбиши љамъиятии умумирусиягии "Муњољирини мењнатии тољик", дар сомонаи ин созмон Иззат Амон, раиси Иттињоди љавонони Тољикистон дар Русияро айбдор кард, ки гўё мехост њамсари яке аз се муњољири боздоштшудаи тољикро дар Русия фиреб карда, бо бањонаи ироаи адвокат пул ба даст орад. Аммо Иззат Амон ин даъворо рад карда, гуфтааст, ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва њайсияти инсониаш ба додгоњи шањри Маскав мурољиат хоњад кард.

БОРДЮЖА: "РОЊБАРИЯТИ ТОЉИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ ПОЙГОЊ ЌАСДАН КАШОЛАКОРЇ НАМЕКУНАД"

ПУШТИБОНЇ

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД) сармоягузории Русияро барои таљњизонидани сохторњои ќудратии Тољикистону Ќирѓизистон ба манфиати Русия арзёбї кардааст. Бордюжа дар суњбат бо нашрияи "Комерсант" гуфтааст, бе истифодаи имконоти сохторњои ќудратии Тољикистону Ќирѓизистон муборизаи самаранок бо ќочоќи мухаддирот ва харидуфурўши одамон ѓайриимкон аст. Аз љумла дабири кулли СПАД таъкид кардааст, ки пойгоњи низомии 201-ум њам амнияти Тољикистон, њам Русия ва умуман минтаќаро таъмин мекунад. Дар љавоб ба суоли "Коммерсант", ки чаро Тољикистон бо вуљуди сармоягузорињои Русия ба ин кишвар, зимни тасвиби созишномаи пойгоњи 201-ум ба кашолакорї роњ медињад, Бордюжа изњори боварї намудааст, ки роњбарияти Тољикистон ќасдан ин корро накарда истодааст: "Ман ягон бор эњсос накардаам, ки роњбарияти Тољикистон зимни тадбиќи ин ё он тавофуќот ба кашолакорї роњ додааст. Роњбарияти Тољикистон њамеша ба њамкорї бо Русия ва дигар кишварњои узви СПАД майл дорад. Дар масъалаи тасвиби созишномаи пой-

гоњи 201-ум мушкил дар равандњои маъмурї аст, ки дар њар кишвар љой доранд". Ин дар њолест, ки Владимир Путин, раисиљумњури Русия, созишнома дар бораи будубоши низомиёни рус дар Тољикистонро барои тасвиб ба парлумони кишвараш ирсол намудааст. Созишнома дар бораи будубоши 30 солаи пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон, ки моњи октябри соли гузашта аз љониби президентњои Тољикистону Русия, Эмомалї Рањмон ва Владимир Путин имзо гардид, то њол аз љониби парлумони ин кишварњо тасвиб нашудааст. Ахиран Њамроњхон Зарифї, вазири умури хориљии Тољикистон, изњор дошт, ки созишнома дар бораи њузури пойгоњи 201-ум аз дигар тавофуќоти Рањмону Путин дар бахшњои муњољирату энергетика људо нест ва дар назар аст, ки ин созишномањо њамзамон тасвиб гарданд.

Кори имрўзаи ту сохта нест, Кори фардо чї гуна хоњї сохт?!

Адиб Собири Тирмизї


№12 (272) 27 марти соли 2013

МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА Њумайрои БАХТИЁР

Сиёсат ва ваъда Ваъда танњо василаест, ки њар як мансабдор бо истифода аз он метавонад курсии худро ба муддати тулонї њифз намуда, эътимоди мардумро то андозае ба даст орад. Ќабл аз баргузории њар гуна маъракањои муњим дар Тољикистон муддаии курсињо ва мансабњо ба мардум ваъдањои зиёд медињанд, новобаста аз он, ки аз ўњдаи иљрои он хоњанд баромад, ё на. Зеро агар аз сад як ваъдаи мансабдорони тољик то њол иљро мешуд, вазъи мардуми тољик имрўз ќариб ба меъёрњои байналмиллаї баробар мегардид.

Ваъда ва муњољират Таърих низ гувоњ аст, ки дар бештар кишварњои мутамаддин мансабдорон барои ворид шудан ба сиёсат ба ваъда рў меоранд. Ваъдањо низ дар кишварњое зиёд садо медињад, ки вазъи зиндагии мардумаш дар сатњи нигаронкунанда боќї монда, масъулини њукумат манфиатњои иљтимої, иќтисодї ва сиёсии мардумро таъмин карда наметавонанд. Феълан Тољикистон дар фењрасти кишварњои камбизоат шомил аст. Бино бар иттилои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон дар њоли њозир 39 дарсади ањолї камбизоат буда, коршиносон ба воќеъї будани ин раќам шубња доранд. Коршиносон низ мегўянд, ки аз соли 1985 ба ин сў вазъи иљтимоии мардум ба љойи боло рафтан, баракс коњиш ёфтааст. Дар њоле, ки вазъи иљтимоии мардум дар сатњи поён ќарор дорад, пас табиист, ки дар бештар маврид мансабдорони тољик барои бењтар кардани вазъ ваъдањои зиёд медињанд. Пас аз пошхўрии Иттињоди шўравї аввалин ваъдаи њукумати Тољикистон бунёди давлати озод, демократї, њуќуќбунёд ва дунявї буд. Пас, метавон хулоса кард, ки бо фароњам овардани чунин шароит вазъи иљтимоии мардум бояд дар сатњи хуб ќарор бигирад. Зеро риояи ќонун, њуќуќњои шањрвандон ва фароњам овардани шароити мусоиди зиндагї яке аз рукнњои аслии давлати демократї дониста мешавад. Њамин тариќ бо пошхўрии шўравї њукумат мардумро бо шароити бењтари зиндагї таъмин карда натавонист. Анќариб дар як њар баромади худ масъулини нињодњои давлатї дар мавриди ташкили љойњои корї бо ин ё он тарњњои энерживу иќтисодї ваъда медињанд. Вале бо гузашти 22 сол теъдоди муњољироне, ки дар солњои шўравї шояд ангуштшумор буданд, њамакнун ба 2 миллион нафар раќам зада мешавад. Гуфта мешавад, ки ин теъдоди шањрвандон ба кишврањои хориљ умдатан барои таъмини рўзгори хонаводаашон сафар мекунанд. Чунки баъди пошхўрии иттињоди шўравї аксари корхонањо дар Тољикистон аз фаъолият боз монда, ваъдањои њукумат барои бо љойи кор таъмин кардани шањрвандон ба таври бояду шояд иљро намешавад. Дар њамин маврид њуќуќшинос Файзиниссо Воњидова мегўяд, ки албатта њукумат ва нињодњои давлатї барои бо љойи кор таъмин кардани шањрвандон ваъдањо медињанд: "Вале дар аксари маврид он ваъдањо тавакалї њастанд. Яъне ваќте њукумат барои таъсиси корхона ва бо љойи кор таъмин кардани шањрвандон ваъда медињад, умед ба фаъолияти соњибкорон до-

3

рад. Чї гуна њукумат метавонад ваъдаи худро иљо намояд, ваќте дар кишвар барои фаъолияти соњибкорон шароит муњаё нест. Гузашта аз ин шањрвандон бояд бо дарназардошти захоири њукуматї ва давлатї бо љойи кор таъмин бошанд", мегўяд Файзиниссо Воњидова. Ба гуфтаи номбурда он љойњои корие, ки аз љониби њукумат ташкил мешаванд, моњонаи кам дорад. Бо он моњона коргар худро таъмин карда наметавонад, чї расад барои таъмини хонавода. Аз ин хотир шањрвандон рў ба муњољират меоранд, гуфт хонум Воњидова.

Ваъда ва фасод Мушкили дигаре, ки бо рўзњои аввали сари ќудрат омадани њукумати феълї ба вуљуд омад, ин фасод мебошад. Агарчї дар кишварњои хориљ фасодкорї дар сатњи хеле боло, танњо дар њолатњои истисної ва аз љониби ашхоси мансабдору сарватманд сурат бигирад, дар Тољикистон фасод аз боѓчаи кўдакон, мактаб ва бемористонњо шурўъ мешавад. Имрўзњо тасаввур кардани он, ки шањрвандон оддитарин корњои худро дар маќомоти њифзи њуќуќ, бемористон ва ё маориф бидуни ришва анљом бидињанд амалест боварнакарданї. Нигаронї ва шикояти мардум аз ављи фасод њукуматро водор намуд, то љињати љилавгирї аз ин раванд нињоди давлатиеро таъсис бидињад. Моњи январи соли 2007 бо таъсиси Ољонсии мубориза бо фасод њукумати кишвар ваъда дод, ки

"Чормаѓзи пуч"

Масъулини тољик домани раъиятро бо њамин пур мекунанд бо ришвадењу ришваситон муборизаи беамон хоњад бурд. Дар натиља танњо омўзгорон ва табибон боздошт шуданд. Ин њам дар њолест, ки ба бовари коршиносон мансабдорон яке аз чењрањои калидии фасод дар Тољикистон буда, нињоди мазкур љуръати мубориза бо онњоро надорад. Коршиносон мегўянд, ки агар духтурон ва омўзгорон ба хотири таъмини рўзгори худ даст ба фасод бизананд, мансабдорон аз буљаи давлат ва сармояњои хориљї барои таъмини зиндагии маишї "дуздї" мекунанд. Њамзамон бо љурми ришваситонї боздошт гардидани масъулини ољонсии мубориза бо фасод бойиси нигаронии навбатии мардум гардида, иљро гардидани ваъдаи њукуматро барои решакан кардани фасод зери суол бурд. Тањлилгарон бар ин назаранд, ки сабаби дигари ављи фасод дар сатњи боло дар авлавият ќарор додани мањалгарої ва хешутаборбозї њангоми таъини мансабдорон мебошад. Тањлилгари тољик Воњидхони Ќосиддин мегўяд, ки њукумат дар мубориза бо фасод замоне муваффаќ хоњад шуд, ки агар худ аз ин маризї дар канор бошад. "Мутаасифона, њукумати мо худаш бо фасод сарукор дорад. Аз ин хотир танњо бо таъсиси як нињод ва ваъда фасодро дар Тољикистон аз байн бурдан имконнопазир аст", гуфт Воњидхони Ќосиддин.

Ваъда ва озодии виљдон

Ваъда ва лимити барќ

Озодии виљдон ва масоили мазњабї давоми чанд соли охир яке аз мавзўоти бањсбарангез ба њисоб меравад. Агарчї дин аз давлат људо аст, вале ин љузъе аз њуќуќи шањрвандон мебошад, ки Сарќонун онро кафолат додааст. Кафолати Сарќонун дар мавриди озодии виљдон барои мардум низ љузъи ваъдае мебошад, ки нињодњои давлатї онро бояд риоя намоянд. Аммо дар воќеъият нињодњои давлатї озодии виљдонро дар кишвар ба маротиб мањдуд кардаанд. Яъне гурўње аз нињодњои давлатї ба љойи риоя ба кафолати сарќонун ва риояи њуќуќњои шањрвандон аксариятро пушти дари муасиссањои таълимї ва корї кардаанд. Ин њам дар њолест, ки таъмини озодињои башарї ва демократияву озодии виљдон яке аз ваъдањои аслии ин њукумат мебошад. Дар ин робита њуќуќшинос Файзиниссо Воњидова мегўяд, ки таъмини њуќуќи шањрвандон аз љумла озодии виљдон ин яке аз ваъдањои бавоситаи њукумат мебошад. Ба бовари номбурда, дар мавриди риоияи озодии виљдон масъулини нињодњои давлатї ба раисљумњур оморњои бардурўѓ барои худсафедкунї пешнињод мекунанд, ки ин њам як навъи ваъдахилофї мебошад.

Масъалаи таъмини ањолии кишвар, ба хусус навоњї ва дењањои дурдаст бо барќ яке аз ваъдањое мебошад, ки шањрвандон ба амалї гардидани он бовар надоранд. Гуфта мешавад, ки феълан дар Тољикистон шањрвандон танњо дар фасли тобистон аз барќ бархурдор буда, дар фасли сармо дар кишвар мутобиќи реља мардум бо барќ таъмин мешаванд. Инљо мо бештар таваљљўњ барои таъмини мардум бо равшанї мекунем, на гармидињї. Тасаввур бикунед, ки дар асри 21 аз гармидињандањои сунъї, чароѓ ва шамъ истифода кардани мардуми як кишвар ба кадом чорчўба меѓунљад. Ин њам барои мардуми кишваре, ки њукуматаш аз доштани 65 дарсади захоири обї дар минтаќаи Осиёи Марказї сару садо баланд мекунад. Аз соли 2006 ба ин сў њукумат ваъда медињад, ки давоми 2-3 соли дигар лимити барќ дар кишвар аз байн меравад. Агарчї барои аз байн бурдани баъзе аз мушкилоти дар боло зикр гардида, масъулини нињодњои давлатї дар алоњидагї ваъда доданд, вале барои комилан таъмин кардани мардум бо барќ раисљумњур шахсан ваъда додааст. Яке аз ваъдањои раисљумњур дар солњои 2006-2009 аз байн бурдани лимити барќ буд. Раисљумњур нахуст дар маъракаи интихоботии соли

2006 ва њамчунин дар соли 2008 бо оѓози таблиѓу ташвиќоти бунёди нерўгоњи Роѓун тавассути шабакањои телевизионї ваъда кард, ки мушкили таъмини ањолї бо барќ дар зарфи се соли дигар аз байн хоњад рафт. Коршиносон мегўянд, ки ваъдањои зиёд ва амалї нагардидани он барои њар њукумате оќибати хуб надорад. Воњидхони Ќосиддин мегўяд, ки ваќте дар ќабл њукумат ба мардум барои аз байн бурдани лимити барќ ваъда дод, мардум ба њукумат эътимод доштанд. Њамакнун ин ваъдањо ба гўши мардум мисли афсона садо медињанд, ки ин бойиси нигаронї аст. Њукумат ба мардум дар сатњњои мухталиф ваъдањои зиёд дод. Њоло эътимоди мардум коста шудааст. Агар њукумат фавран ба ин масъала бархўрди дигар накунад, эњтимолан кор ранги дигар бигирад. "Косаи сабри мардум оњиста оњиста лабрез мешавад. Дар ин сурат аз љойе метавонад эътирозе сар бизанад. Агар эътирозе ба вуљуд ояд, пеши роњи онро гирифтан мушкил мегардад", мегўяд Воњидхони Ќосиддин. Ваъдањое, њам ки номбар кардем, љузъе аз ваъдањои бешумори масъулин буд. Дар асл ваъдањои амалї нашуда ва лоињањои номуваффаќ ва татбиќнагардидаи њукумат зиёд буданд, ки бозгўяшро ба ваќти дигар мегузорем.


4

№12 (272) 27 марти соли 2013

ДИДГОЊИ ЊАФТА

Рўи љасади шер зоѓу заѓан њам пирўзанд! Шоми якшанбеи 24 март, баъд аз тамошои барномаи хабарии "Вести недели" ва барномаи вижаи "Березовский"-и шабакаи телевизионии "Россия РТР" пушти компютер нишастам ва дар сањфаи Фейсбукам ин љумлањоро навиштам: "Березовский бад буд, бад кард ва бад дид...

Ёќуби САИД, махсус барои "Озодагон"

Аз ин марди мурда тариќи шабакаи телевизионии РТР он чунон бад гуфтанд, ки бе ихтиёр дўсташ доштам. Одам чи ќадaр бояд тавоно бошад, ки дар њаќќаш ин афсонањоро бибофанд?! Ў буда, ки инќилоби норинљии Укроинро сармоягузорї карда, ў буда, ки инќилоби лолаии Ќирѓизистонро пирўз гардонида... Дар дањаи навади асри пор вазирони рус дар манзили ў тасдиќ ва танњо баъд аз ин дар Кремлин шањодатнома мегирифтаанд. Наздик ба дањ парвандаи ќатлро ба номаш боз кардаанд. Дар созмон додани љинояти терористї муттањамаш карданд. Дањњо љинояти иќтисодиро бар дўшаш овехтанд. Манфиатњои Русияро яксара фурўхта будаст ва дањњо айбномаи дигар.

Ин њамаро агар бидуни камтарин шубња бовар кунем ва дар њаќќи Березовскии марњум бадгумон њам бишавем, бешак ў нобиѓае буда, ки тавоноии анљом додани ин ќадар корњоро доштааст. Ва ин њам заъфи дастгоњи давлатии таблиѓотии Русия, ки нотавонии њукумати ин кишварро ба намоиш гузошт. Њукумате, ки агар ба гуфтааш бовар кунем, душмани давлату миллаташро дар ин дунё натавонист ба сазои аъмоли содиркардааш бирасонад. Бардошт аз ин гунна таблиѓот бо тањсин гуфтани "љинояткор" хатм мешавад." Дастгоњи таблиѓотии њукумати Русия дар симои ВГТРК (Ширкати давлатии телевизионї ва радиошунавонии умумирусиягї) ѓофил аз таъсири ворунаи таблиѓи худ, њай љор заду оби дањон пароканд. Суол инљост, ки чаро барномаи вижаи "Берозовский" дар соли 2012 тањия, аммо мањз баъд аз як рўзи даргузашти ин ќањрамон намоиш дода шуд? Боз нафароне аз Березовский зимни барномаи фавќузикр ба бадї ёд карданд, ки дар гу-

зашта аз хони ин ќањрамон нону намак чашидаву дар пањлўи ў ќадам зада ва эњтимолан дар анљоми корњояш кумак карда буданд. Яке собиќ сардори Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ)и Русия, дигаре собиќ фармондењи неруњои Русия дар љанги Чечен, савумї сардори муњофизони раисљумњури ваќти Русия... Њамчуноне, ки ќонунњои навиштаи Русия тариќи парлумони Тољикистон копї мешаванд ва на як бору ду бор дар матни русии ќонунњои тољикї "иштибоњан" РФ љои РТ нигошта шудааст, ќонунњои нонавиштаи РФ низ дар РТ љоизи татбиќ дониста мешаванд. Бигирем њамин тартиби набарди иттилоотї бо иддае аз шањрвандони бахтбаргаштаи худиро. Сарфи назар аз таблиѓоти каљтоби ВАО-и давлатї, Березовскийро дар матбуоти мустаќили Русия падари сиёсии Путин мехонанд. Њоло дар Тољикистон дугонаи айнии Березовскийро љустуљў кардан шояд маънї надошта бошад. Абдумалик Абдуллољонов, собиќ сарвазири љумњурї нишонањое аз Березовскийро дорад, вале на њамаи ўст. Шахсиятњои дигар ва корчалонони моњири

тољик њеч кадоме ба танњої њамтои Березовский шуда наметавонанд. (Ин њам таъсири таблиѓи ВГТРК). Аммо набарди иттилоотї алайњи аз ќудрат ва курсї афтодањои тољик айни набард бо Березовскийро мемонад. Дар аланга гирифтани оташи љанги шањрвандии Тољикистон њама сањиманд, ба љуз соњибмансабони кунунї, њамаи хушбахтї ва саодат бо дастони соњибонќудратони имрўзї сохта, вале њама бадбахтињо ва нокомињоро сабабгор "березовскийчањои тољик"њастанд. Њамин навъ таблиѓот дар садову симо

ва матбуоти давлатии Тољикистон гоњу-ногањ бурда мешавад. Натиља њамон аст, ки њамон: аз онњое, ки ба бадї ёд мешавад, дар воќеъ аз нерўи фавќулъодае бархурдор будаанд, ки тавонистанд њаводисро ба коми худ бичархонанд. Бечора њукуматњо будаанд, ки натавонистанд аз нерўи ин тоифа афрод истифодаи дуруст кунанд ва бо бадном сохтани эшон чї баъд аз марги табиї ва чи баъд аз марги сиёсї номи худро њам бад карданд. Тавре мегўянд: Рўи љасади шер зоѓу заѓан њам пирўзанд!

CЕ ДИДГОЊИ ЊАФТА

Чаро аз Роѓун дигар намегўем? Шодї ШАБДОЛОВ, вакили парлумон

Њ

УКУМАТ њам дар мавриди Роѓун хомўш нест. Албатта бо сиёсати њукумат ман дар бештар масоил мухолифам, вале дар масъалаи Роѓун њукумат хомуш нест. Њоло музокира рафта истодааст. Њукумат хомўш нест, яъне њукумат таслим нашудааст. Агар њукумат аз Роѓун рў гардонад, мардум аз њукумат рў мегардонад. Чунки мардум охирин кафанпулии худро барои Роѓун супориданд. Аз ин хотир ин њукумат вазифадор њаст, ки Роѓунро бунёд кунад. Њозир парлумони Аврупо дастгирї мекунанд. Мутахассисони Амрикої њам гуфтанд, ки ин бењтарин тарњи эенержї аст, на танњо барои минтаќа, њатто барои Покистону Афѓонистон. Чунки бо нархи бозори љањонї мефурўшем. Бояд гуфт, ки но-

вобаста аз хоњиши дигар кишварњо мо Роѓунро мо месозем. Маблаѓ људо накунад агар Русия, дигарон људо мекунанд ва мавќеъи Русия кам мешавад дар мо. Албатта мо аз њисоби буља наметавонем Роѓунро бисозем.

Ќањрамон БАЌОЗОДА,

созмони тадќиќоти сотсиологии "Зеркало"

Я

КЕ аз сабабњои дар бораи Роѓун кам гуфтан, ба назари ман шояд интизорињои давлат аз натиљањои тадќиќоти Бонки Љањонї бошад. Баъди нашри ин натиља фаъолият дар масъалаи љалби сармоя бештар мешавад. Аз он љумла дар расонањои хабарї низ маълумоти зиёде пайдо мешавад.

Бахтиёр ЊАМДАМОВ, сармуњаррири "Минбари халќ"

И

МРЎЗ барои Тољикистон, "Роѓун" гуфтан ва ё атрофи он њангома барпо кардан муњим нест, муњим ин аст, ки Роѓун бисозем. Гумон мекунам сабаби асосии ваќтњои охир кам Роѓун гуфтанњо ин аст, ки баъзе кишварњои хамљавор атрофи ин масъалаи сирф энержї њангомањои сиёсї барпо карданд, ин то андозае ба манфиати кор нест ва шояд њамин иќдоми чанд моњи ахир барои мо хуб аст, ки зиёд "Роѓун" нагўему Роѓун бисозем. Сари њамин масъала ба ин боварам, ки Роѓунро њатман месозем, новобаста аз он, ки дигарон нисбати бунёди он чї андешаи муѓризона доранд. Чунки лоињаи НБО Роѓун аз њар љињат созгор буда, танњо ба манфиати Тољикистон нест, балки ба манфиати тамоми минтаќа аст.


МАВЗЎИ ЊАФТА

№12 (272) 27 марти соли 2013

5

Танњо дар Тољикистон масъулин худро гунањкор намедонанд Њамнишинї бо соњибвазифањои тољик ва чанд муддати зиндагї дар кишвари мо ба назар мерасад ба Никола Кавазович бетаъсир набудааст. Ахиран, ин варзишгар, ки масъулияти сармурабигии тими миллии Тољикистонро бар зимма дорад, изњор дошт, дар бохти яккачини мо бар мунтахаби Ќирѓизистон худро гунањкор намешуморад. Танњо дар Тољикистон масъулин барои камбудињо худро гунањкор намедонанд. Њукумат барои ним соли бебарќї, водоканал барои оби лойолуду ќумбор, масъулин барои роњњои хароб…… назди мардум гунањкор нестанд. Аммо дар замири Кавазович њанўз чизе боќї монда, ки гуфтааст, аз ин бохт эњсоси шарм кард.

Абдулазизи ВОСЕЪ Мунтахаби Тољикистон оид ба футбол муваффаќ нашуд ба даври нињойии Љоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)-2014 роњхат бигирад. Дар дидори њалкунанда, ки 21-уми март дар варзишгоњи Долен Омурзоќови Бишкек сурат пазируфт, бозингарони тољик аз дастаи мизбон шикаст хўрданд. Голи ягонаи дидор даќиќаи 41ум зада шуд. Бозингарони ќирѓиз барои мухлисонашон роњхат ба даври финалиро туњфаи наврўзї бурданд, футболбозони тољик бошад, ба ташкилии наврўзї рафтанд. Онњо оши пухтаи Олим Рањимов, сафири То-

љикистон дар Ќирѓизистонро нуши љон кардаву ба ватан баргаштанд. Тољикистон дар гуруњи "В" њамроњ бо тимњои миллии Ќирѓизистон, Покистон ва Мако барои вуруд ба даври финалї талош мекарданд. Бозингарони тољик тавонистанд бар мунтахабњои Покистон (1:0) ва Мако (3:0) дастболо шаванд, аммо аз њамсояњои дар ба девори худ шикаст хўрда, аввалин маротиба дар таърихи худ натавонистанд ба даври финалии ин мусобиќа роњхат бигиранд. Никола Кавазович дар нишасти хабарие, ки баъди анљоми бозии Тољикистон-Ќирѓизистон баргузор шуд, изњор дошт, ки дар нокомии дастааш худро гунањкор намењисобад, вале "дарки масъулият ва шарм мекунад". Аммо Хуршед Мањмудов, сарвари дастаи яккачини Тољикистон ба сомонаи Федератсияи футболи Тољикистон (ФФТ) гуфтааст,

бештари бозингаронро ин бохт ноумед кард. "Ман њамчун сарвари даста аз номи худ ва футболбозон мехоњам барои ин бозї маъзарат бихоњам",-гуфтааст вай. Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тољикистон дар нишасти матбуотї гуфт, "албатта, бисёр аламовар аст, ваќте аз роњхат ба марњилаи нињої мањрум мешавї. Ба њар як узви ситоди мураббиён ва ба њар бозигари дастаи худ изњори сипос намоям. Ба онњо ягон эътироз надорам, онњо кўшиш карданд, ки њамаи кори аз дасташон меомадаро ба љо оранд". Ба ќавли вай барои мусобиќаи интихобии Љоми даъвати АФК њамагї 10 рўз омодагї дидаанд. Аммо ў сабаби хеле кам дар љамъомади таълимиву тамринї буданашонро нагуфтааст. "Дар мо масъалањои њалталаби дохили даста буданд, вале бачањои мо ќувват пайдо наму-

да, сазовор бозї карданд". Ваќте аз ў мепурсанд, ки чї гуна масъалањои њалталаб дар дохили даста буд, посух медињад, ки "ин сири махфии дастаи мост, сири байни бозигарон ва ситоди мураббиён. Њатто роњбарияти ФФТ дар ин бора намедонад. Ин кори дохилии дастаи мост". Бо вуљуд Кавазович гуфтааст, ки "мо дар ин љо футболи хуб, замонавї ва бо сифати баланди техникї намоиш додем". Аммо дар идома гуфта, дар Бишкек мунтахаби Тољикистон танњо 50 дар сади имкониятхои худро нишон додааст: "Ман гуфтанї нестам, ки мо хоњиши 50 дар сад бозї кардан доштем, хоњиши мо 150 фисад буд, вале мо њамаи имкониятњои худро истифода накардем". Ваќте аз Никола Кавазович мепурсанд, ки: -"Иштибоњи бузурги шумо дар бозии имрўза чї буд"? посух медињад, ки "Чунин мењисобам, ки ман ягон хато на-

кардаам". Ба ќавли Никола Кавазович дастаи Тољикистон имконияти бузург дорад. "Ман ба даста дар оянда барори кор мехоњам ва умедворам, ки ба њайси мухлис аз муваффаќиятњояш хурсанд мешавам. Шартномаи ман ба њайси сармураббии дастаи мунтахабаи Тољикистон бо Федератсияи футболи кишвар рўзи 1-уми апрел ќатъ меёбад. Бинобар ин, фикр мекунам, ки кори ман дар ин љо ба анљом расид". Бо эњтимоли зиёд Никола Кавазович дигар дар Тољикистон намемонад. ? меравад ва фикр накунам, ки ФФТ љуръат намуда, яке аз бењтарин мутахассисони љањонро даъват намояд. Курсии Кавазович насиби кадом як мураббии тољик мешавад. Касе, ки на танњо барои бохтњо худро гунањкор намењисобад, балки њатто эњсоси масъулият ва дарки шарм низ намекунад. Ё хато кардам?


6

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЊАФТ ПОСУХИ ЊАФТА

Муњољират дар Тољикистон маљбурист ё ихтиёрї? Фирўз САИДОВ, корманди МТС

Муњољират дар мо ихтиёрист. Мардум њама ваќт љое, ки кори сабук бошад мекобанд. Кори Русияро ба дењќонї дар Тољикистон мардум тарљењ медињанд. Дар давлатњои осиёї њам кор кардан мумкин аст, вале он сангин буда дар Русия кор сабуктару маблаѓаш њам бештар аст. Муњољират як чизи глобалист, њатто Хитой, ки аз љињати иќтисодї тараќќї кардааст, дар тамоми дунё мардумаш дар муњољират кор мекунанд. Љањони севвум хоњем нахоњем муњољир дорад.

Шавкатљон ШАРИПОВ, раиси бахши ЊНИТ дар ноњияи Ашт

Ягон муњољири мењнатї агар шароити хуб ва зиндагии арзанда дар ватани худ дошта бошад њеч гоњ ба ѓарибиву ѓурбат барои дарёфти ќути лоямут сафар намекунад. Муњољират дар Тољикистон хусусан муњочирати корї бо чандин усул ва роњњои сиёсї ба сари мардуми тољик тањмил шуда истодааст ва ягон барномаи назарраси пешгирї ва камкунии сафи муњољирон мутаассифона дида намешавад. Њарчанд ин яке аз вазифањои асосии маќомот ба њисоб меравад.Салби њуќуќу озодињои фитрї, набудани ѓамхории иљтимої, паст будан ва мутобиќи сабади истеъмолї набудани маоши шањрвандон, то рафт баланд шудани андозњо, таъмини љои кор фаќат бо принсипу ѓояњои сиёсї ва гурўњиву хешутаборї, сардии муносибати маќомот бо мутахассисони варзида, танг кардани шароити кории тољирони боистеъдод дар ватан, кашида гирифтани бизнесњои тољирон аз тарафи гурўњњои наздик ба маќомдорон нишондињандаи онанд, ки муњољират дар Тољикистон на ихтиёрї, балки тањмилї ва маљбурист.

Моёншо МАЊМАДБЕКОВ, сиёсатшинос

Муњољирати мењнатї характери асосан иќтисодї дорад, аммо ихтиёрист. Ваќте шахс маљбуран дар мањалли зисташ, бехатарияш тањдид мешавад, ў маљбур мешавад, ки љои зисташро тарк кунад, ин аст муњољирати маљбурї. 99 фоизи ин муњољиратњо ба љињатњои иќтисодї вобастагї дорад. Чун инљо корњо маоши арзанда надоранд. Агар дар дохил ќувваи кориро самаранок истифода барему пахта истењсол намоем ва мардум дар замин кор кунанд, њамроњи он иќтисод

њам хуб шавад, мумкин муњољират камтар гардад.

Савзалї МАСТОВ, иќтисодчї

биъии кишвар аст. Бо вуљуди доштани бархе аз манофеъи иќтисодї, њиљрати дастаљамъии муњољирони мо, дар оянда авоќиби вахиму ѓайри марѓубе ба бор хоњад овард, агар дар ин росто иќдомоти њакимона ва тасмимњои муносибе иттихоз нашавад.

истодаву онњо њамчун шоњсутуне кишварро доштаанд.

Мунира НАДЉИМОВА,

сокини шањри Душанбе

Ашраф АКРАМ, Муњољират, ки дар оинаи зиндагии њар љомеъае тобиши иљборї ва ё ихтиёрї дорад, дар њама давру замонњо мављуд буда аст ва то охирзамон боќї хоњад монд. Муњољирати байналмилалиро дар миёни њамватанони мо ба ду даста, ба ду мављ метавон таќсим кард ва дар њар сурат, ин ду даста низ аз навъи њиљрати иљбориянд. Ангезаи мављи нахустини муњољират дар таърихи навини мо, умдатан, сиёсї буд: њаводиси хунини бањманмоњ ва љанги шањрвандї... Аѓлаби муњољирони он замон аз русзабонони кишвари мо иборат буданд. Вале, мављи дуввуми муњољират, ќатъан мављ нест, балки бешак, тўфони муњољирати иќтисодист, ки барои рабудани муњољирони нав дари њар хонаводаи дуввуми кишвари моро мекўбад. Мутаассифона, муњољират тамоюл ба афзоиши бештари рўзафзун дорад ва то њол њеч чора, ё тадоруки љиддие, барои коњиш додани теъдоди муњољирон андешида намешавад. Таќрибан, дар њама кишварњое ки вазъияти нопойдори сиёсї ва иќтисодї доранд, муњољират мунташир аст, аммо њангоме ки он сеяки ањолии ин кишварро зери сояи хатарбори худ фаро мегирад, нишондоди ошкорои њолати ѓайрита-

муњољир дар шањри Маскав

Дар манзили хеш сањар хеста, як пиёла чой хўрдану бо ањли оила хайрухуш намудану ба кор рафтан, бе эњсоси хавфу хатареву озоду ба роњат дар кўча роњ рафтану баъди кор дар пешвозу оѓўши ањли хонавода фароѓат ёфтан аз хушбахтињои бузурги ин олам аст. Мутаассифона, имрўз аѓлаби мардуми кишвари мо аз ин навъи саодат мањруму соњиби толеъи хилофи он гардидаанд. Њар як муњољир баъди њамли азоби муњољират орзуи ба ватан баргаштану дар он дарёфти шуѓлу дахлеро дар канори ањлу авлоди хеш парварида, бо њазор умед азми онро мекунад. Аммо дар ватан мушкилоти рўзгор ўро ба гирдоби пурталотуми хеш фурў бурда, роњи наљоте ба љуз боз думболи њиљрат гирифтан пайдо намегардад. Албатта, муњољират маљбурист, зеро барои онњое, ки роњи њиљратро пеш мегиранд, он ягона воситаи даромаду таъмини ањли аёл аст ва мањз ба шарофати муњољирон пояи иќтисоди кишвар ба њоле

Ба фикрам маљбурем гўем дурустар аст, танњо инљо ягон шахс ё сохтор нею талаботи њаёт маљбур месозад, ки шањрвандон ба муњољират раванд. Ман боварї дорам, ки агар дар мамлакати худамон љойњои корї пайдо шаванд, бисёрии муњољирон бармегарданд, чунки дур аз ватан будан чи хеле, ки худи муњољирон мегўянд, њарчанд маблаѓи зиёд кор кунанд њам душвор аст.

Иззат АМОН, коршинос

Муњољират дар Тољикистон маљбурї сурат мегирад. Чунки одамон маљбуранд барои дарёфти ризќу рузї њиљрат кунанд. Зеро њиљрат имкон медињад, ки онњо дар Тољикистон аз гуруснагї намиранд. То он ваќте дар Тољикистон имкони шароити кор фароњам нашавад, њиљрат давом мекунадва рўз то рўз сафи лашкари муњољирон меафзояд.


ЯК ЊАФТАИ ИЌТИСОД Сармоягузорї дар Тољикистон дар моњи январи 2013 дар ќиёс бо њамин давраи порсол ба таври ќобили таваљљуње коњиш ёфтааст. Дар моњи январ њаљми сармоягузорї аз њама манобеи молиявї 168,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки 76,8 фоизи муддати мушобењи порсолро нишон медињад.

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА

Сармоягузорон дигар ба Тољикистон майл надоранд Дар њамин маврид Бањром Шарипов коршиноси умури бонкї мегўяд, ки ќарзи давлатї аз њад зиёд шуда имкони бозгардонии он барои буљети давлатї сангин шудааст. Хоњиши њукумати Тољикистон барои воридоти сармояњои хориљї дар њоли зиёдшавист, аммо самаранокии истифодабарии он хавфњоро зиёд кардааст. Ба њамин хотир аст, ки мабла?гузорї дар Тољикистон аз тарафи сармоягузорони хориљї дорад мањдуд мешавад. "Бо таваљљуњ ба истифодабарии ин мабла?њо бењтар аст он бештар барои истењсоли мол равона гардад, ки дар ояндаи дур фоида меоранд на соњањои иљтимої. Сангин шудани вазъи молиявии буљети давлатї боис шуда, то сармоягузорон бештари мабла?њоро дар шакли ќарзи дарозмўњлат то соли 2030 ворид кунанд. Агар вазъияти феълї њамин тавр давом ёбад, сатњи зиндагии мардум метавонад бадтар шавад", изњор дошт, Бањром Шарипов.

Бахши давлатї самараноктар аз бахши хусусї? Бештари сармояњои воридшуда дар моњи январи соли љорї 37,4 фоиз ба бахши давлатї ва 33,9 фоиз ба бахши хусусї рост меояд. Корхонањои муштарак 8,5 фоиз ва корхонањои хориљї 20,2 фоизро ба худ ихтисос додаанд. 18,8 фоизи кулли сармояњо њам ба бахши энержї фиристода шуд. Аз љумла барои таъсиси корхонањои энержї 31,7 миллион сомонї таќрибан 6,6 миллион доллар харљ шудааст. Тањлилгар Абдуллоњи Ашўр мегўяд, ки ягон сармоягузоре ба бахши давлатии Тољикистон сармоягузорї намекунад. Чун аз бахши давлатї фоида ба даст овардан душвор аст. Агар миќдори сармоягузории мустаќими хориљї, ки ба бахши воќеии иќтисод яъне бахши хусуї равона шудааст, њисоб гардад хеле ночиз аст. Ба ќавли ин тањлилгари масоили иќтисодї он маблаѓњое, ки бо супориши давлатњои абарќудрат назири Чину Эрон ва Русия људо мешавад низ асоси сиёсї доранд ва ин сармояњо бо супориши ин давлатњо људо мешаванд на сармо-

№12 (272) 27 марти соли 2013

7

Ў, КУЉОБА БУРАФТОСИД ШУМО? НАРАВИД...

ягузорони алоњида. Њоло бо ќабули кодекси андози нав ва сарбории миёншикани андозњо соњибкорони дохилии кишвар, ки то андозае муваффаќ буданд, ба мушкил дучор шуда истодаанд. Ширкатњояшон зарар мебинад ва ба касодшавї наздик шуда истодааст. "Пас дар ин шароит кадом сармоягузори хориљї ба Тољикистон меояд дар њоле, ки шањрвандони худамон тиљораташонро пеш бурда натавониста истодаанд. Дар ин шароит албатта сармоягузорї кам мешавад. Бо ин њол дар мавориде истисноњо њастанд, аз љумла бархе соњибкорони эронї аз ночорї ба Тољикистон барои бизнес меоянд. Чунки забону фарњанги мо як

Аз Тољикистон метарсанд! Ва мегурезанд... Мо то њол шароити мусоид барои љалби сармоя фароњам накардаем асту Эрон дар зери тањримњои шадид ќарор дорад ва мењоханд дар Тољикистон корашонро пеш баранд", иброз дошт Абдуллоњи Ашўр. Гуфта мешавад, ки њукумати Тољикистон дар сиёсатњои худ бисёртар ба сармояњои давлатї эътибор медињад, ки ин нодуруст аст. Њар ќадар кормандону корхонањои давлатї зиёд мешаванд, њамон ќадар коррупсия ва бюрократия афзун мегардад. Нозим Ишанкулов директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон дар ин маврид мегўяд, дар ин њолат корхонањои давлатї дар баробари корхонањи хусусї наметавонанд раќобатпазир гарданд. Агар фаъолияти корхонањи давлатї шаффоф сурат гирад, рањбарони ин корхонањо аз нон мемонанд. "Ваќте корхона шахсист, молик саъй мекунад бештар фоида гирад. Аммо онгоњ, ки корхона буљависту аз тарафи буља сармоягузорї мешавад, фоидаи дарёфтї ба буља меравад на ба кисаи рањбарият. Сол то сол зиёдшавии сармояњои давлатї нисбат ба хусусї нишон медињад, ки сармоягузорони шахсии

хориљї ба Тољикистон омадан намехоњанд", гуфт Нозим Ишанкулов. Ба гуфтаи директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон наметавон тамоми корхонањоро аз њисоби ташкилу таъмин кард, "чун буљаро мо андозсупорандагон пур мекунем. Аз ин гузашта кафолате њам нест, ки оё ин корхонаи аз њисоби буљет таъсисёфта самаранок хоњад буду њазинањояшро хоњад пўшонид ё на".

Системаи андозбандї боиси фирори сармояњо Нозим Ишанкулов директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон мегўяд, ки кам ворид гаштани сармояњо бештар ба шароити пеш бурдани тиљорат дар Тољикистон рабт дорад. Ба унвони далел номбурда аз кодекси андоз мисол оварда мегўяд, ки дар асл теъдоди андозњо аз 20 ба 10 кам нашуда, балки баръакс њаљми он афзудааст. Тибќи кодекси нав соњибкорон агар пештар бо патент фаъолият мекарданд, инак бояд шањодатнома гиранд.

Бањром Шарипов коршиноси умури бонкї ин гуфтањоро таќвият бахшида мегўяд, ки чун њоло самаранокии кори корхонањо суст аст, имкониятњо дар ин самт доранд мањдуд мешаванд. Барои њамин лозим аст љињати њавасмандгардонии соњибкории хориљиву дохилї барои кор дар Тољикистон системаи андозбандї мукаммал гардад. Ваќте барои истењсолкунандагони ватаниву хориљї имтиёзњо бештар ихтисос дода шудааст, имкониятњо бояд васеъ шаванд, вале њамчунон дида мешавад, ки самаранокии кор поин аст. Ба эътиќоди иќтисоддонон гузашта аз системаи андоз, масъалаи дигаре, ки воридшавии сармояњоро кам ва самаранокии онро паст кардааст, ин амнияти сармояњост, ки дар Тољикистон сармоягузорони хориљиву дохилї сармояњои худро аз даст медињанд ва онро боз гардонда наметавонанд. Бањром Шарипов мўътаќид аст, ки омадани бештари сармояњори хориљиву дохилї ба иќтисодиёти Тољикистон аз таъмини бехатарии ин сармояњо вобастагї дорад. Вале чун системаи

судї ва дигар сохторњои давлатї дар ингуна масоил амалкарди заъифе доранду бештар њимояткунандаи манофеи сармоягузорињои хусусї неву балки њимояткунандаи манфиатњои давлатиянд, ин худ монеаест барои љазби бештари сармояњо ба кишвар. "Сангтудаи 1 аз Русия ва Сангтудаи 2 аз Эрон асту онњо барќро ба корхонаи давлатии Барќи тољик мефурўшанд, аммо њаќќи пардохти он бо назардошти 1-2 сол њануз њам роњандозї нагардидааст, ки ин боиси норизоятї аз амалиётњои корхонањои давлатї мешавад. Пардохти Сангтудаи 2 мутобиќи гуфтушуниди ду президент ба роњ монда шуд, ки ингуна бурдани тарзи тиљорат барои сармоягузорї номувофиќ аст ва ингуна бањсњо бояд дар судњои иќтисодї ё дар раванди кори љорї њалли худро ёбанд", илова намуд Бањром Шарипов. Аз ќавли коршиносон маълум мегардад, ки омили аслии ворид нагардидани сармоя ба Тољикистон низоми шадиди андозбандї ва адами адолати додгоњї мебошад.


8

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЯК ЊАФТАИ ИЉТИМОЪ

Бино бо омилњои табиї ва иљтимоию иќтисодї дар фасли дай ва аввали бањор дар кишвари мо захираи хўрокворї камчин шуда, мушкилот ањолиро фаро мегирад. Зеро њосили љамъшуда ё тамом мешавад, ё кам. Ва кишти нав њанўз њосил надодааст. Манбаъи аслии даромади сокинон њамоно муњољирати кории иљборист. Аммо он њам дар зимистону аввали сабзмоњ мањдуду гоњо ѓайриимкон аст, чун мавсими кор дар Русия њанўз оѓоз нашудааст. Ба хусус, њамин сол, ки дар Русия замистон идома дорад ва боридани барфу сардињои тоќатфарсо љони мардуми дастнигари "россиянњо"-ро ба лаб оварда.

шањр ба сар мебаранд, пурсед, ки то куљо аз ин ќонун ва нозукињои он иттилоъ доранд? Андозро дар кадом шакл ва шева месупоранд? Њаводиси табиї ва оќибати онро чї тавр бояд љилавгирї кард? Мутмаинам, ки аз 10 респондент, ним нафар љавоби ќонеъкунанда медињад, ё хайр...

...фалак дар хаёл нест Аз замонњои ќадим равиши "ќамчин ва ширинї" (кнут и пряник) дар идораи љомеъа ва њукумат зиёд истифода мешуд. Чуноне таърихшиносон мегўянд, сабабњои аслии бунёд ёфтани амфитеатрњо ва тамошои набарди тан ба тани гладиаторњо

Бе нон њам суруд мешавад! Як ваќтњо "доњии бузург" Леонид Илич сухане гуфта буд, ки њанўз њам вирди забони мардум аст. Барои бештари ањолии Тољикистони муосир он њаќиќат дуруст меояд- "нон бошад, суруд њам мешавад".

шумул 80-85 % сокинони дењот мебошанд. Аз ин рў, метавон гуфт, сатњи "некўањволии мардум" ва муносибати шањрвандони кишварро бо њукумат аз ВАО, пеш аз њама, шабакањои марказии телевизион бањо додан мумкин аст. Тибќи одат ва ё њамон анъанаи расмї, нимаи дуюми моњи март то охири бањор ва то омадомади љашни Рўзи вањдати миллї дар саросари кишвар на камтар аз чањоряки ваќти эфири телевизионњои давлатиро намоишњои наврўзї бо раќсу сурудњояш "ѓасб" хоњанд кард. Њоло њар ваќт телевизионро рўшан кунем, ё намоиши навбатии театрикунонидашуда аз ягон минтаќаи кишвар, ё такрори чорабинињои марказї (гоњо ду бор дар як рўз- тўли як њафта) намоиш дода мешавад. Аммо афсўс, ин њама шириниест, дар арафаи ид ва бо тамошои он шиками инсон сер намешавад, гузашта аз ин он ба дарди мардуми кишвар намехўрад.

Ѓалати Маслоу?! Секунљаи Абрањаам Маслоу, ё назарияи силсилаи ниёзњо дар сарзамини мо билкул муаллаќ мондааст, њатто ин нуќтаназари равоншиноси маъруф дар Тољикистон умуман "кор намекунад". Бар пояи пешнињоди ў, як ањром, ё секунљаи ниёзњои шахсиро нишон медињад, ки дар он кулли талаботи инсон ба панљ шохаи аслї таќсим шудааст ва ба тартиби ањамият онњо чунинанд: 1) Љисмонї: гуруснагї, ташнагї, шањват ва ѓайра 2) Талаботи бехатарї: осоиш, доимї будани шароити зист

Рустам МАЉИДОВ

ри шўњрату ному кадом ифтихор. Њоло дар љамъияти мо мехоњанд, мардум талаботи олии инсонии худро бароварда созанд ва аз худшиносии баланд, эњтиром ба худу дигарон, илму дониш ва фарњангу адаб бархўрдор бошанд, талќин мекунанд, ки нон муњим нест,илми Маслоу дар ин сарзамин ќабул нест.

Чанори пир. Аммо гўё Дар рўбарўи бинои дастгоњи президент як чанори куњан побарљост. Шояд синни ин дарахт аз бинои мазкур ќадимитар аст, он воќеъањои зиёдеро низ шоњид будааст. Аммо мисли њар мављуди зиндаи дигар, он њам аз ранљу дарду офат дар канор намонда.Танаи бузургаш афсурда ба назар мерасад..., ба љуз як ќабати беруни он, ки пўстлох ном дорад. Ваќте ба раќсу бозї ва љашну сури пурдабдаба менигарем, беихтиёр њамон дарахт ба хотир меояд. Дар њоле, ки мардум љои кори дуруст ва рифоњи роњат надорад, чаро мо зоњирпарастї мекунем.Дарахтро пўстлохи он ѓизо намедињад, обу ѓизо аз реша ба боло тавассути дила ва чўб мегузарад. Миќдори ками љўб, ки дохили пўстлох монда аст, муддати зиёд шоху баргњоро бо миќдори лозимаи моддањои њаёт таъмин карда наметавонад. Ёд дорам, замони кўдакї дар холигии (ѓор-шикоф) он дарахт аз барфу борон ва бод паноњ мебурдам. Аммо рўйкаши ин дарахт сардиро бартараф намекард. Чунин пинњон шудан (ба мисли воќеъияти имрўза) роњи њалли масъала нест. Замоне он сўрохиро бо семент пур карданд. Ба љисми зинда маводи ѓайризинда ва сунъиро ворид намуданд. Чунин "чашмпўшї" на танњо ба дарахт фоидае накард, балки чандин нафарро аз љои шабгузаронї низ мањрум кард. Њоло бошад, он сўрохї пур аз партовњои гуногун аст.

Ёддошт барои таърих Мо ва дар бораи мо Дар њамин њол, аз манобеъи ѓайрирасмї хабару гузоришњо аз мушкилоти муњољирон мешунавему мехонему мебинем. Аммо ВАО-и њукуматї аз офатњои табиї ва мушкилоти кишварњои дуру наздик иттилоъ медињанду аз дохил дар бораи Наврўз намоишњои идомадор пахш мекунанд, раќсу суруд барои 24 соат "мењмон"-и доимии хонадони њар як сокини Тољикистон шуда... Камбуди љойи муносиби кор, норасоии маош, вазъи нољўри иљтимоиро бошад, гўё бо баргузории ярмаркањои љойњои холии кор бартараф месозанд. Ба гуфти масъулини маќомоти марбута тайи як соли ахир дар саросари љумњурї њудуди 100 ярмарка баргузор шуда, дањњо нафар бо кор таъмин шудаанд. Воќеъан, ба корљўён аз вазифаи роњрўб то мутахассиси пешбари кадом як идораи бонуфузи ќудратї кор пешнињод мешавад, њатто дар Академияи Улум њам. Аммо бар пояи маълумоти љадвали њамин ярмаркањо моњонаи ин ќабил корњо аз 168 сомонию чанд дирам то 270 сомонї муайян гардидааст.

56-уми феврали соли 2013 Тољикистони офтобї 6 рўз боз Соли Нави миллиро дар ќабои Наврўзи байналмилалї таљлил дорад, аммо Русияи пањноварро сардии шадид фаро гирифтааст. Дар он кишвар ба ќув-

ваи кории бештар ниёз доранд, то љодањояшонро тамиз кунанду боми хонањоро аз барф тоза намоянд. Дар Тољикистон њам оби рудњо боло рафта хатари селу ярч бештар мешавад. Корњои мустањкамкунии соњили дарёњо ва чорањои пешгирии хатароти техногенї ва кам кардани хисороти эњтимолї камтар ба назар мерасанд. Аљибаш ин аст, ки дар њамин чанд рўзи пеш парлумони Тољикистон таѓйиру иловањоро ба Кодексњои оила, андоз ва ѓайра ба тасвиб расонд.Њоло, биравед ва аз мардуми оддии кишвар, ба хусус аз онњое, ки дар манотиќи берун аз

дар Рим мањз њамон сархушии шањрвандон (гражданинњо)-и империяи абарќудрат буд. Њоло њам аз њамон равиш кор мегиранд, аммо љои амфитеатрњои бузургро бо њазорон љои нишаст, телевизион гирифтааст ва ба љои гладиаторон сарояндагону раќќосон ва дигар њунармандон шабонарўз суруд мехонанду мељунбонанд... Бешубња, телевизион бузургтарин воситаи таблиѓ ва тарѓиб дар байни ањолї буда ва њаст. Тањлилу назарсанљињо нишон медињанд, ки доираи 70 % мардуми кишвар шабакањои марказиро тамошо мекунанд ва аз ин

ва ѓ. 3) Иљтимоъї: муносибатњо, дўстї, њамкорї, муроќибат бо якдигар, ањамият ба худ 4) Эътибор: эњтиром ба худ, муваффаќият, ноил шудан ба дастовардњо, рушди њирфаї 5) Маънавї: эътироф, худшукуфої, хештаншиносї Дар шинохти рўњонии инсон ва љамъият, ниёзњо баръакси ин рўйхатанд: талаботи љисмонї "поёнї" ва маърифату идрок "олї" дониста мешаванд. Аммо агар талаботи аввалї иљро нашавад, ниёзњои баъдї бароварда нахоњад шуд. Шахси гурусна дар фикри нон аст, на дар фик-

Ин моем, ки дар њолати мушкилии иљтимої ва иќтисодї, норасоии љои кор, тўю маъракањои калон мегузаронем... Ва танњо мо ќонуни нав ќабул кардем, ки ашхоси дар тўю маърака маблаѓи зиёд харљ мекардаро љарима кунем, аммо идњои пурдабдабаро бе мањдуд идома бидињем... Танњо мо аз сабаби бепулї ба Русия рафта, баргашта мошин мехарем... Ва танњо мо дар Ватан љои кор наёфта, бо мошини аз пули муњољират харида барои худ љои кор муњайё мекунем... Танњо мо ќарзњои њангуфт гирифта, маъракаю чорабинињои дакаданг мегузаронем... Ва танњо мо барои харољоти зиёд дигаронро танќид мекунему худро таъриф, ки "фалон ќадар одамро нон додем"... Танњо дар мо тўю маъракањо ва љашну маросимњо дар сатњи миллї мањдуд мешаванд... Ва танњо дар мо чунин мањдудияти ќонунї ба ањолї интихобист ва "љашну маърака"-њои давлатї мањдуд намешаванд... Танњо мо бо маоши миёнаи њудуди 400 сомонї ва сабади истеъмолии миёнаи таќрибан 700 сомонї зинда мемонем. Ва танњо мо, дар баробари ин, ба тамошои Наврўзу наврўзгоњњо ва консертњои беохир меравем... Дигар интихобе надорем, љуз ин: суруд бошад, нон њам мешавад...


АНДЕШАИ ЊАФТА

№12 (272) 27 марти соли 2013

9

Зиёї, ќудрат ва идеали миллї Мењмоншо ШАРИФЗОДА,

докторанти донишгоњи Бергени Норвегия

Хулоса Гар сорбон туї, ба худо мехўрам ќасам, Ин корвони љода ба манзил намеравад... Бењрўз Маќсад аз ин гуфтањо сафед ва сиёњ кардани касе ва шахсе нест, балки кўшише барои шинохти ин фазост, ки имрўз моро дар ин њолати ѓариб, номуаянї ва тарс нигоњ медорад. Чи хел ки медонем, таркиби аз њама маълум ва равшанї љомеа, ки дар пиндор, гуфтор ва амалњои хеш њама ба он такя мекунанд ва ишора мекунанд ва сарчашмаи илњом, мансаб ва маоши онњост, ин таркиби илмї ва донишии љомеа аст, ки аз пажуњишгоњњо, донишгоњњо ва дигар муассисањои ба ин таркиби бунёдии љомеа таълуќдошта иборат аст. Ин таркибест, ки дар он сарвати мадании љомеа, илм ва дониш дар љомеа истењсол карда мешавад. Инчунин доштани давлати мустањкам ва мустаќилсиёсат, истењсоли дорої ва бехатарии вуљудї ва иљтимоии мардум њам ба ин таркиб вобастагии сахт дорад. Гузашта аз ин ќудрати солим дар љомеа ба ин таркиб, яъне илм ва дониш, бояд сахт алоќаманд ва пайваст бошад ва дар њамин фурсати њалкунанда пайвандгари аслии ин ду њалќа бояд зиёии Тољик мебуд ва бошад. Аз ин рў ин љо кўшише шуда-

аст, ки як бор бубинем, ки чаро ин зиёї дигар мављуди ќудратї нест? Чаро имрўз фикр, дониш ва таљрибаи мо ба раванд, ба њаракат, ба зиндагї, ба ќудрат табдил наёфта истодаанд? ... Имрўз мебинем, ки зиёї њамчун ќишри номус ии љомеа дорад заиф шуда истодааст ва онњое, ки бар худ тасаввури 'зиёї' доранд, аз як сў, бо илюзияи "гузаштагони бузург" ва "ќиссањои кўњна" ва худситоињои бењуда дар баробари халќи гумроњмондаи худ, ва аз сўи дигар ба инкор кардани арзишњои созандаи хеш машѓуланд. Гузашта аз ин мафњуми 'зиёї' ва онњое ки худро 'зиёї' меноманд худ ба як пардаи пиндори (илюзияи) дигар табдил ёфта истодааст, зеро мардум дар ин фикранд, ки ин ќабила гўё коре карда истодаанд ва дар сохтмони љомеаи солим наќше доранд, вале мебинем ба љуз тахаюлоти китобї ва кучагї, мисли идора кардани њуввияти мардуми худ, "шоњи одил", "тавњиди зартуштї" ва "империяи Доро" чизи дигаре барои ин љомеа пешнињод кардан натавонис т а а н д . И н ќи с м а т и т а р к и б и и љомеа акнун фасодзада шудааст ва ќисмати каме аз устодони мо кўшиши аз чорчўбањои биниш ва режимњои њаќиќатии мустамликави- империявї халос шудан доранд. Аслан, чи гуна ин режим дар вуљуди он њо кор м еку над на мет ав она нд шинохт ва дунёи мустаќили тањќиќии худиро, ки доштанд аз ёд бурдаанд, гуё њама ваќт дастнигари Ѓарб буданд. Фаромуш кардаанд, ки Тољик бо вуљуди ќудратро чанде аз даст доданаш њам донишро, асли ќудратро аз даст надода буд. Ин 'бузургон' дар бораи таърихи афкори Тољик, махсус дар дав-

раи Исломии онњо тањќиќот кардаанд ва ќиcми зиёде то ба академикї расидаанд, вале мутафаккир нашуданд соњиби назарияе нашуданд, балки њаќ, њаќиќат ва њастиро ќурбони идеология карданд ва карда истодаанд. Имрўз њам кўшише надоранд фазои мустаќили илмї ва фикрии худиро барќарор кунанд. Аз як сў зиёии Тољик бояд бо љалби ќудрат ва сармоя ин таркиби бунёдии љомеа, давлат ва миллат, яъне таркиби илм, дониш ва фикри мустаќили Тољикро мустањкам мекарданд, ва аз сўи дигар дар сохтмони ќудрати асл дар Тољикистон фаъолона иштирок карда њаёти урёни мардумро ба сатњи сифатан баландтар мер а с о н и д а н д . Му т а с с и ф о н а , и н зиёии ба тарс одаткарда дар сатњи даркорї ин корро амалї намудан натавониста истодааст... Хулоса, имрўз гунањгор касе нест ва бегуноњ њам, ин љо зиёї ки худ мављудест, ки дар њама њалќањои ёд карда, дар болову поёни љомеа вуљуд дорад, њам намояндаи дониш ва њам ќудрат аст, бояд аз ислоњи худ оѓоз кунад ва ба њаќиќат ва њастї имкони буданро дињад ва оѓозеро бунёд гузорад... Арзишњо дар њастї ва воќеияти ин мардум дар коранд, чи Исломї ва чи демократї ва ё дар баъзењо на ину на он кор мекунад ва аслан аз ќафои хоњишњои нафсонии худ равонанд. Бисёр хуб мешуд ки агар ин се чизро, идеяро, арзишро ва идеалро аз якдигар фарќ мекарданд, ки ин се чиз чи гуна категория њастанд дар вуљуди шахсият, љомеа ва фарњанг чи гуна кор мекунанд. Њоло зиёиёни наздик ба ќудрат даъват кардаанд, ки мафњуми "истиќлолият" ва инчунин гуфтаи президентро "Тољикистони соњибихтиёр - Ватани ягонаи мо" ,ба арзиш ва ё идеали

миллии мо табдил дињем. Ин њам боз як нуктаи дигари заъфи зиёии Тољик аст, ки аз гуфтањои президенти мамлакат чунин як хулосаи бисёр мањдуд мебарорад. Ман шахсан бовар дорам, ки ин маќсад аз ин гуфтаи президент, ин маънии дар њаёт воќеан амалї сохтани назарияи истиќлолият аст. Чи хеле ки дар боло ќайд кардем истиќлолият ин њаомњангии ќудрат, њаќиќат (идеология), ќонун ва пулу иќтисоди ин мардум аст, ки бо њам сахт бофтаву тофтаанд ва дар вуљуди шахсиятњои ин миллат ва инчунин дар љомеа дар коранд... Ин арзишњо бунёди љомеаи солими амалкунанда мебошанд. Ин арзишњо, яъне истиќлол ё вањдат идеал нестанд, балки шароит барои идеали миллианд. Истиќлол ва вањдат ин арзишњое њастанд, ки бояд бо амал ба воќеият табдил ёбанд на ин ки ба миф ва ба идеал табдил дода шаванд, ки ин ба фалсафаи пуч (абсурд) оаврда мерасонад. Дар хусуси идеали миллии Тољикон гуфтаниам, ки он вуљуд дорад ва он дар вуљуди њар як Тољики огоњ ва бедор њаст. Ин идеал дар дониш ва таљрибаи гузаштагони ин мардум њазорсолањо боз дар кор буд ва њаст. Агар хоњед донистан, ки ин идеал ё ин ки он технология чи гуна кор мекунад, шумо онро дар дониш ва таљрибаи њар як бузургвор ки Тољикаш мењисобед ва аз номи онњо фахр мекунед, метавонед дидан ва шинохтан. Ин идеал имрўз дар забони мо зинда аст ва ин калимаи бисёр суфта ва амиќи 'Худї' на ишоратест ба 'ман' ва 'манияти' зоњирї, балки ишоратест ба дониш ва шинохт, ишоратест ба њаракат, ишоратест ба таѓйирот, ишоратест ба шинохти њастї ва њаќ ва ишоратест ба сохтмони худ (шахсият), дунёи худ, њаќиќати худ, ќудрат ва истиќлолият....


10

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЯК ЊАФТАИ ТАЪРИХ

Мо мухолифи душманї ва нифоќи миллї њастем. Мо байналмилалчї мебошем. Мо љањд мекунем, ки ранљбарони њамаи милали дунё як шуда љумњурияти шўроии тамоми дунёро ташкил кунанд.

ЛЕНИН касоне, ки њанўз аз миллатчигарї кўр нашуда иќтидори дидани ин њаќиќатро доранд, иќрор шаванд.

Аббос АЛИЕВ 1 Ин њарфњои ленинї аст, ки солњои дароз бо тамоми упуртунист (замонасоз)њо дар масъалаи миллї мубориза карда ва дуруст фањмидани масъалаи миллиро ба фирќаи мо омўхтааст. Њарфњои фавќи Ленин, албатта, шиори њар камунист бояд бошад. Фирќаи мо аз рўи њамин маќсад ин ќадар ањамият ба масъалаи миллї медињад. Барои ба даст овардани њамин маќсад, барои барњам задани тамоми душманињои миллї фирќаи камунистї љумњуриятњои миллї ташкил карда, ва мехоњад њар миллатро ба забони модарии худаш тараќќї бидњад, ки зудтар ба иљтимоият бирасем ва харољоти роњ камтар шавад. Дар Осиёи Миёна љумњуриятњои миллї ташкил шудааст - барои ин ки ранљбар ва дењќонони Осиёи Миёна, ки солњои чанде лагадкўби суми асби љањонгирони рус будаанд ва ба василаи Инќилоби Уктиёбр аз он зулм халос шудаандшўрої шаванд, ањволи иќтисодии мамлакаташонро тараќќї дињанд. Бо забони модарии худашон иморати маданияти харобшудаашонро бо усули тоза аз нав бисозанд. Фирќаи камунистї мехоњад ба воситаи љумњуриятњои миллї тухми душманињои миллиро, ки аз тарафи сармоядорон- бойњо кошта шуда ва аз тарафи муллоњо обёрї шудааст, аз реша барканад, ранљбарон ва дењќононро бо рўњи байналмилалї тарбия бидњад. Фирќаи мо дар зери калимаи миллї калимаи байналмилалиро мефањмад ва мехоњад, ки дар њар як љумњурияти миллї, навбовагони оянда аз таъсироти манњуси ќадим берун омада, бо рўњи байналмилалї парвариш ёфта, меъморони њаёти тоза шаванд. Бояд њар як камунист, њар як ранљбар бидонад, ки чун фирќаи мо мехоњад љамъияте бисозад, ки дар он на истисмор, на синф ва на душмании миллї бошад ва маќсади асосии фирќаи Ленин расидан ба иљтимоият аст, њар як ноњаќќї, њар як беинсофї дар њаќќи њар миллат сабаби ба вуљуд омадани душмании миллї мешавад ва ин њол ќисман пеши роњи моро гирифта намегузорад, ки мо ба осудагї ба манзили маќсуд бирасем. Пас, њар камунист бояд чашми бино дошта бошад, дар ин масъала њар навъ камбудиро дида тавонад ва барои ислоњи он бикўшад. Аз рўи њамин назария мо масъалаи миллии Бухороро аз назар мегузаронем ва аз рўи њамон маќсади фавќ чизе, ки дар ин хусус медонем, мегўем. Ќабл аз шурўъ лозим аст ќайд намоем, ки рафиќ Муњиддинуф дар маљаллаи "Рањбари дониш" маќолае дар ин хусус навишта буд1. Рафиќ Муњиддинуф дуруст нишон медињад, ки дар зери таъсири понтуркист, понисломистњо забони ўзбекї забони њукумати шўроии Бухоро шуда буд. Мо тарафдори ин фикрем, ба њамин сабаб ин назарияро дубора такрор намекунем. Дар маќолаи Муњиддинуф аз њама ширинтар он аст, ки ў менависад: "Мо сањв ва хиёноти сиёсии гузаштаи худро иќрорем ва лозим медонем, ки ислоњ шавад". Ин навъ бо софии ќалб иќрор намудани рафиќ Муњиддинуф, ки яке аз рањбарони њаракати љадидњои Бухорост, њар камунистро умедвор барои дуруст њал шудани масъалаи миллї дар Бухоро мекунад. Мо бо ин иќрорї рафиќ Муњиддинуфро табрик мекунем ва умедворем, ки он

11 Назаре ба санадњои таърихї Таърихшиносон ќайд мекунанд, ки ватани аслии ориёињо Осиёи Миёна аст, ки аз он љо ба ду ќисм шуда, ќисме аз рўи Гиндикуш ба Њиндустон ва ќисме ба Эрон рафтаанд. Онњое, ки ба Њиндустон рафтаанд, аз рўи нањри Синд худашонро њиндї номидаанд ва осиёињое, ки Эронро моварои худ ќарор додаанд, исми ориёии худро нигањ доштаанд. Бинобар, инњо сарзамине, ки шимолан дар байни бањри Хазар ва дашти Туркистон2 буда, љанубан пайванд ба дарёи Уммон ва халиљи Форс аст, Эрон номидаанд. Дар хусуси роњи ориёињо ва њудуди Эрони он ваќт чанд назарияро таърих медонад. Чун тафтиши ин назарияњо дахл ба мавзўи бањси мо надорад, мо аз он чашм мепўшем. Њамин ќадарро мешавад ќайд кард, ки аз аввалин њукумати "мидињо"3, ки 700 сол ќабл аз милод аз тарафи мулукултавоифи яке аз вилоёти ѓарби Эрон (Ироќи Аљам, Озарбойљон ва Курдистони њозира) ташкил шудааст, муаррихин асноди бисёр каме доранд. Дар асарњои муаррихини Эрон, бадбахтона, њатто барои давраи 200-солаи ањаманињо4 (дар соли 558-331 ќабл аз милод

Масъалаи миллї дар љануби Эрон силсилаи ањаминињо ба майдон меоянд- А.), санадњои кофї ёфтан низ имкон надорад. Таърих нишон медињад, ки дар њудуди Туркистони њозира тахминан 6 ќарн ќабл аз давраи мо чандин гурўњи эрониён (ориёињо) будаанд. Аз њамаи онњо ањамияти сиёсии зиёдтар хоразмї (Харезимцы) ва ањамияти мадании зиёдтар суѓдињо (сагдейцы) доштаанд. Суѓдињо дар канори нањри Зарафшон маъво доштаанд ва маркази онњо шањри Мароканда (Мараканда), яъне, Самарќанди њозира будааст. Суѓдињо дар он ваќт савдогарї мекардаанд ва роњњои тиљорати Хитой чи аз тарафи Фарѓона ва чи аз тарафаи "Симиричи"5 дар дасти онњо будааст. Дар он ваќт њатто дар ѓарби Хитой халќ алифбои суѓдиро меомўхтаанд. Дар ќарни 5 давраи мо дар Осиёи Васатї ќабилаи дигари ориёињо мавсум ба њафтолидњо6 намоён мешаванд. Инњо мехоњанд Эронро гирифта, як њокимияти бузурге ташкил намоянд. Барои ин дар соли 425 аз дарёи Ому (дар он ваќт ин дарёро Оксус меномидаанд- А.) гузашта ба Эрон њуљум мекунанд ва чунон ѓолиб мешаванд, ки дар давраи подшоњии Вилкос (ин исм њељ дахле бо ќишлоќи Билќос, ки дар наздики шањри Ѓарм аст, надорад- А.) 484 - 488 њукумати Эрон ба њафтолидњо андоз медодааст. Њукумати маѓлуби Эрон барои нигањ доштани салтанати худ бо њар кас, ки муќобилият бо њафтолидњо бикунад, мутањид мешуда ва чораи аз даст рафтани салтанаташро мељустааст. Дар ќарни 6 давраи мо дар дањаи аввал дар шимоли Осиёи Миёна дастаи туркњо дида меша-

вад. То ин ваќт хабаре аз туркњо на танњо дар Бухоро ва Самарќанд, балки дар тамоми Осиёи Миёна ќайд нашудааст. Туркњо дар Осиёи Миёна дар муќобили худашон њафтолидњоро мебинанд ва барои барњам задани онњо мекўшанд. Подшоњи онваќти Эрон Анушервон (579-591), ки аз силсилаи сосонињо буда, бо туркњо барои барњам задани њафтолидњо ањднома мебандад. Ин ду мутаъид бар њафтолидњо ѓолиб шуда онњоро мањв мекунанд. Давлати эронї, ки бо ёрии туркњо аз дасти чунин душмани ќавї халос шудааст, бо туркњо ањднома мебандад ва сарњади байни ду ѓолиб дарёи Омуро таъин мекунанд. Туркњое, ки ба зўр Осиёи Миёнаро гирифта буданд, њокимияти худашонро ташкил мекунанд. Ин њукумат мамлакати васееро, ки шарќан аз Манѓул то Урол ва ѓарбан аз Олтой то дарёчаи Урол будааст, соњиб мешавад. Њукумати туркњо то соли 748 мелодї давлат мекунад ва ваќте, ки хитоињо нуќтаи муњими тиљорати он ваќт Сивёбро вайрон мекунанд, ин њокимиятро њам барњам мезананд. Бояд ќайд кард, ки агарчи дар Осиёи Миёна чунин давлати бузургеро туркњо ташкил кардаанд, боз забони халќи мањаллї дар он ваќт забони суѓдї будааст. Дар ќарни 7 дар тамоми Туркистони њозира аз нањри Чу то Шањрисабз халќ фаќат ба забони суѓдї њарф мезаданд. Дар Бухоро халќ њатто дар ќарни 10 ба забони суѓдї гуфтугў мекардаанд. Агарчи нишонаи … забони суѓдї забони яѓнобињои њозира аст (яѓнобињо ќабилае мебошанд, ки дар канори нањри Яѓноб сукунат доранд-А.), лекин дар лањљаи халќи имрў-

заи Бухоро таъсири забони суѓдї њанўз боќї аст. Аз ќарни 7 дар ќисми љануби Осиёи Миёна дар Мовароуннањр арабњое, ки силсилаи сосонињоро дар Эрон дар соли 651 барњам задаанд, пайдо мешаванд. Инњо Самарќанд ва Бухороро мегиранд. Дар давраи Ќутайба ибни Муслим (704-715) арабњо дар Мовароуннањр мустањкам шуда, њокими забон ва маданияти халќи ин сарзамин мешаванд ва Мовароуннањр ба хилофати арабњо тобеъ мешавад. Тааљуб дар он аст, ки агарчи арабњо нисбат ба туркњои онрўза ѓолибияти худашонро бењтар таъмин карда, дини исломро байраќи њуљуми худ ќарор дода ба дўстон ваъдаи бињишт, њур ва ѓилмон ва ба душманон дўзахи сўзонро ваъда медоданд, боз натавонистанд халќи Осиёи Миёнаро аз забон ва одати суѓдии худашон људо созанд. Дини ислом дар Осиёи Миёна ба сахтии зиёде ривољ меёбад. Халќи Бухоро ва Самарќанд бисёр муќобилият бо дини ислом карда, дини ќадими худашонро, ки "зараостризм" будааст, нигањ медоштаанд. Аз ин љо арабњо онњоро низ мусулмон меномидаанд. Мо медонем, ки аз рўзи ба сањна омадани арабњо то барњам хўрдани хилофати онњо порсњо њама ваќт бо онњо мубориза мекардаанд. Дар ќарни 9 њаракати порсњо дар муќобили арабњо бисёр пурзўр мешавад. Њаракати муњими порсњо њаракати соли 869 аст, ки як нафар порс муараби Алї ибни Муњамад ном, ки исми таърихии ў Анчинис аст, бандагони зангиро ба шўриш тарѓиб мекунад


ЯК ЊАФТАИ ТАЪРИХ ва рафта Ањвозро мегирад. (Ањвоз дар лаби бањри Форс- наздики Шатулараб ва халиљи Форс воќеъ аст-А.). инњо бисёр ба хилофати Аббосињо шикаст мерасонанд ва то нисфи Баѓдод мерасанд. (Баѓдод дар он ваќт маркази хилофати араб буд-А.). Дар ин ваќт дар Мовароуннањр њокимияти Сомонињо ба майдон меояд. Сомонињо муњофизи забон ва адабиёти порсї шуда рўз ба рўз маданияти арабњоро аз байни порсњо аќиб мезананд. Забони порсњо боз дар Мовароуннањр забони давлатї ва матбуот мешавад. Бо ташкил ёфтани силсилаи Сомонињо дар байни порсњои он ваќт гурўњи дигаре мавсум ба "зиёидњо"7 буд. Ин гурўњ дар соли 932 аз тарафи яке аз тарафдорони Алї ибни Зиё ном ташкил шуда буд ва бо арабњо мељангиданд. Ин гурўњ мавсум ба исми муассиси он ибни Зиё буд. Порсњои муташакил чи аз Мовароуннањр ва чи аз худи Эрон ба арабњо њуљум карда дар соли 945 Баѓдодро гирифта, сабаби мањв шудани хилофат мешаванд. Ќарни дањум ќарни рафтани арабњо ва боз омадани туркњо аст. Њукумати туркњо барои ин ки халќ забони онњоро фањмида ба эшон матбуъ шаванд, дар аксар авќот маљбур будаанд, ки забони порсњоро забони давлатии худ ќарор дињанд. Масалан, дар давраи њокимияти туркњо давраи ѓазнавиён забони порсиро Мањмуди Ѓазнавї забони давлатї ќарор дода будааст. Баъд аз Ѓазнавиён дар сарзамини Эрон њокимияти салчуќињо ба майдон меояд ва инњо аз Ќашќар то Осиёи Саѓирро соњиб мешаванд. Дар давраи чунин давлат … боз му-

Дар давраи ѓолибияти манѓулњо 8 (ќарни 13-А.) масъалаи турк кардани халќи мањаллї бисёр тараќќї меёбад. Дар охирњо, ки манѓулњо камќувват мешаванд, љои онњоро њукумати Темури ланг мегирад (давоми њокимияти темурї 1363-1405 аст- А.). Дар давоми ин силсила љангњои байниќабилагї бисёр ба зуњур меояд. Силсилаи Темур маркази суѓдиёни ќадим- Самарќандро маркази худ ќарор медињад ва масъалаи "туркият" дар давраи Темур хеле вусъат меёбад. Дар ќарни 16 ўзбекњо ба сањна омада, Мовароуннањрро гирифта шарќи Эронро њам мегиранд, ки аз дасти ўзбекњо шарќи Эронро силсилаи сафавињо пас мегиранд. Ба хубї мешавад ќайд кард, ки маданияти халќи Осиёи Миёна ба воситаи љангњои байниќабилагї рўз ба рўз аќабтар меафтад. Таназзули маданї давом мекунад, чи дар давраи Шайбонињо (соли 15101597- А.) ва чи дар давраи Оштархонињо (дар соли 1597 - 1737 -А.). Дар охир Осиёи Миёна ба хонњои нимвањшии Бухоро, Хоразм ва Хуќанд таќсим мешавад. Ин ањволи таърихї аст. Агар мо хуб диќќат ба ин њаќиќати таърихї намоем, хоњем дид, ки Бухоро ва Самарќанд яке аз марказњои мадании порсњо - тољикон будааст. Халќи тољик ин сарзаминро њазорон сол тарбия дода ва масокини обо ва аљдоди ўст.

111 Масъалаи забони тољикї дар замони амирони Бухоро. Рафиќ Муњиддинуф хеле дуруст нишон медињад, ки дар давраи амирони манѓит забони давлатии амир порсї будааст. Инро њамаи мо медонем. Лекин

дар Бухоро ва атрофи он боризаи порсњо тамом намешавад ва инњо дар натиљаи муборизаи дурударозе дар давраи подшоњии Маликшоњи салчуќї вазорати мамлакатро мегиранд. Вазорати порсњо вазорати Низомулмулк 30 сол давом мекунад. Њукумати салчуќињоро чунонки медонем, манѓулњо барњам мезананд. Лекин муборизаи порсњо барои халосии худашон бо шиддати њарчи тамомтар давом мекунад. Порсњо барои хароб намудани оппороти њукумат њаракати терур ташкил мекунанд. Ин њаракат мавсум ба "оссосизм" (ассасизм) мешавад (ассосизм аз калимаи фаронсус"кашида" иборат аст-А.). Ин њаракат таќрибан 200 сол давом мекунад ва дар ќарни 13 ин њаракатро барњам мезананд. Дар давраи сомонињо забони форсї, ки забони халќи Бухоро ва атроф буд, мавсум ба забони тољикї мешавад. Бояд донист, ки бо маданияти порсї дар Осиёи Миёна гўё њокимияти туркњо низ баробар тараќќї мекунад. Дар ќарни 10 аввалин њукумати мусулмон- туркњои мавсум ба "ќарохонї" ба сањна меояд, ки инњо Симиричро ва дар авохири ќарни 10 Мовароуннањрро мегиранд. Аз ин ваќт дигар давраи турк кардани халќи ин сарзамин шурўъ мешавад. Хонаводаи пурќуввати дењќони порсизабонро инњо ба кўњњо нафї мекунанд ва љойњои хуби онњоро ба зўр аз дасташон мегиранд.

масъалаи муњим дар ин љо аст, ки барои чї њукумати амирї, ки аксарият аз ќабоили турк будаанд, забони модарии худашонро забони њукуматї ќарор надода забони порсиро таъин кардаанд. Маълум аст, ки њукумати амирї тарафдори миллати мазлум набуда ва намехоста, ки њар як миллат баробар бошад. Лекин амирони манѓит медонистаанд, ки онњо барои мамлакати Бухоро бегонаанд. Онњо медонистаанд, ки агар касе аз байни халќи мањаллї пайдо шуда муќобили усули идораи онњо шавад, албатта, халќ тарафдори ў шуда ин њукуматро барњам мезананд. Њукумати амирї ба хубї медонист, ки аксарияти халќи мамлакат, алалхусус халќи Бухоро тољиканд. Амирони манѓит медонистанд, ки дар ин сарзамин порсњо барои истиќлоли забон ва адабиёти худашон солњои дарозе бо туркњо, арабњо љангида хунњо рехтаанд. Барои ин ки њукумати амириро халќи мањаллї бегона нашуморанд ва њуљум карда онро мањв накунанд, амирон бо забони халќи мањаллї - забони тољикї њарф мезаданд ва барои ин ки халќро бењтар ба худ бубанданд, забони тољикиро забони давлатї ќарор дода буданд. Ин сабаби муњимро амирони Бухоро фањмида буданд, вагарна на онњо ошиќи чашмони сиёњи тољикон ва на душманони забони модарии худашон буданд.

№12 (272) 27 марти соли 2013

1У Масъалаи тољикї дар Бухорои имрўза Мо аз рўи санадњои таърихї нишон додем, ки асли бухороињо порсњо - тољиконанд. Лекин агар чашм аз њаќиќати таърихї пўшида ба Бухорои имрўза назар афканед, боз хоњед дид, ки агарчи њазорон сол халќи ин мамлакат дар зери фишори туркњо, арабњо будаанд, боз њамон забони ќадимии худашон-забони тољикиро аз даст надодаанд. Касе, ки имрўз дар Бухоро ба забони ўзбекї њарф бизанад, хеле кам аст, њар кас як соат дар бозорњои Бухоро роњ биравад: "Нони гармба ой", "ќанди обї, намакаш ќанд, обаш равѓан"…- њарчи бихоњад мешунавад. Ранљбарони Бухоро, масалан машкобњо ваќте ки об ба хонањо мебаранд, њама ваќт ба забони модарии худашон "машки об!" мегўянд. Мардикорњои Бухоро дар ваќти мењнат тамоми гуфтугўяшон ба забони модарии худашон- забони тољикї аст. Ба забони дигар гуфтугў кардани халќро дидан дар Бухоро бисёр душвор аст. Халќи Бухоро њамагї, чи дар ваќти ѓазаб ва чи дар ваќти хушнудї (дар ин ду ваќт аз њама зудтар забони модариашон ба хотираш меояд - А.), фаќат ба забони тољикї њарф мезананд. Њатто тамоми коркунони масъули мањаллї дар идора ба забони ўзбекї њарф мезананд, аммо дар хонањояшон доим забони тољикї олати алоќаи онњост. Њар кас бо забони ўзбекї хуб ошно аст ва лањљаи ўзбекиро хуб медонад, метавонад ба хубї бубинад, ки халќи Бухоро агарчи бихоњанд, ки ба ўзбекї њарф бизананд, боз наметавонанд. Аслан забони халќи Бухоро ба ўзбекї гўё намегардад. Тамоми хандаи кор дар ин љо аст, ки ин халќе, ки њељ наметавонанд ба ўзбекї њарф бизананд, ўзбек номида мешаванд. Масалан, як зане аз халќи Бухоро мехост ба мактаби ходимони шўрої дар Бухоро дохил шавад. Дар ваќти ќабул кардан мо аз ў пурсидем аз кадом миллат аст, љавоб дод, ки ўзбек. Ба забони ўзбекї пурсидем: "Чанд сол доред?". Ба забони тољикї гуфт: "Бистсолаам". Мо пурсидем: "Чаро ба забони ўзбекї њарф намезанед?". Љавоб дод: "Ман ўзбекиро намедонам". Пурсидем: "Шумо, ки ўзбекиро намедонед, чаро худатонро ўзбек мешуморед?" бо тамоми тундї љавоб дод, ки: "Чун дар Ўзбекистон зиндагї мекунам, ба њамин сабаб ўзбек њастам". Ин зан чанд моњ дар курс иштирок намуд. Дар ваќти имтињон ваќте ки хостем бидонем чи навъ тараќќї кардааст, бо њамон тундии чанд моњ пеш љавоб дод, ки: "Чун тамоми дарсњо ба забони ўзбекї дода мешуд, ман њељ чиз нафањмидам". Ин як тимсол буд аз ин навъ воќеањо дар Бухоро, њарчи бихоњед мешавад дид. Бисёр дида шудааст, ки талаба дар мактаб чанд сол мехонад, дар охир њељ чиз намефањмад. Муаллим њукм мекунад, ки зењни талаба кунд аст. Падар ва модараш мегўянд, ки мактаби шўрої малоќ надорад, барои њамин бачагон дарс ёд намегиранд. Шўъбаи маориф табиї њељ ба ин корњо кор надорад.

У Сабаб чист, ки халќи Бухоро ўзбек номида шудаанд? Сабаби дурусте дар хусуси ўзбек шудани халќи Бухоро табиї нест. Лекин ду бањона дар Бухоро шунида мешавад. Бањонаи аввал - чун Бухоро дар дохили Ўзбекистон аст, халќи он бояд ўзбек бошанд. Забон, урфу одат њељ дахле надорад. Ин бањонаи одамњое аст, ки њељ чиз аз маќсади фирќаи мо нафањмидаанд. Бањонаи дувум - баъзењо калимаи тољикро аз рўи назарияи динї мефањманд. Ба хаёлашон мерасад, ки тољик, яъне, шиа, суннї - яъне, ўзбек. Ба њамин сабаб диндорон барои ин ки шиа нашаванд, аз бањри тољикї њам гузаштаанд. Бисёр муњим аст, ки идораљоти њукуматї, њатто шўъбаи маориф њам тољикро шиа шинохта ва фаќат шиањои Бухороро тољик меноманд. Ин бањонањоро муќобилият ва муборизањои баъзе аз миллатчињои ўзбек, ки дар Бухоро буданд ва њастанд, пурќувват мекунад. Баъзе аз коркунони масъули

11

миллатчии Бухоро барои ин ки устали њукумат аз дасташон наравад, бо тамоми ќувва мекўшанд, ки тамоман калимаи "тољик"- ро аз миён бардоранд. Барои ин ки хонандагони мўњтарам бидонанд то чи андоза миллатчињое, ки дар Бухоро то чанд ваќт ќабл аз ин дар рўи кор буданд, аз дуруст фањмидани масъалаи миллї дур будаанд, мумкин аст чанд тимсол овард: Як талабаи тољик имсол ариза ба кумитаи вилоятї медињад, ки маро барои тањсил ба рабфаки СОГУ9 бифиристед. Аввал ўро намефиристанд, баъд аз илтимосњои зиёде розї ба фиристодани ў мешаванд. Ваќте ки ин талаба анкит (вараќаи суол) пур карда барои тасдиќ ба кумитаи вилоятї меоварад, котиб - љавобгар мебинад, ки талаба худашро тољик (!) навиштааст. Љаноби котиб аз ин воќеа дилгир шуда ќалами сурхро бардошта бо дасти мубораки худашон калимаи тољикро зада ба љояш "ўзбек" (!) навишта, баъд анкитро тасдиќ мекунад. (Ин анкит дар дасти ман буд, ба љои лозимааш супурдам - А.). Тимсоли дигари масъала мубориза бо худи ман аст, ки ин миллатчињо барои ин ки ман фикрамро дар хусуси ин беинсофињо гуфта будам, матбуоти фирќаро олати худ карда, њарчи ба дањанашон омад, дар њаќќи ман навиштанд ва дар натиљаи тафтиш дурўѓгў шуданд10. Чанд нафар аз коркунони "масъул"- и Бухоро њар касро бидонанд, ки ў ин беинсофї ва ноњаќињоро медонад, бо тамоми ќувва барои мањви ў мекўшанд. Ин "доњї" - њо мехостанд сад фоиз худашонро ўзбек ба ќалам бидњанд, ки то то ки устал аз дасташон наравад. Кумитаи марказии фирќаи Ўзбекистон, ки душмани миллатчигарї аст ва ривољдињандаи ѓояи камунистї аст, чунонки медонем, ин "доњї" -ёнро аз кори Бухоро берун кард11.

Чї бояд кард?

У1

Маълум аст, дар њар кор инсон дучори сањв мешавад. Мумкин нест якбора тамоми камбудињоро барњам зад. Мо ба ин иќрорем. Ленин гуфта буд: "Барои ин ки њар як миллат озод ва осуда бо њам кор кунанд ва дар ваќти лузум аз њам људо шуд, давлати људогона ташкил кунанд, барои ин димукротизм, ки синфи коргар ўро пайравї мекунад, лозим аст. Њељ як бартарї барои њељ миллате, барои њељ забоне набояд дода шавад. Набояд љодаро танг ва беинсофї дар њаќи миллатњои хурд кард. Ин аст асоси димукротизми коргарї". (Ленин, "Провдо", 10 мой, 1913). Бояд ин њарфњои Ленинро дар Бухоро ба амал гузошт. Бояд коре кард, ки тамоми худсарињо ва дуруст нафањмидани маќсади фирќа тамом шавад. Бояд масъалаи миллиро дар Бухоро њал кард. Макотиб ва кори идораљотро ба забони модарии халќ - ба забони тољикї бояд бурд, ки бо камтар пул харљ кардан мумкин шавад12. Маданияти халќро тараќќї дода иќтисоди мамлакатро бардошта ба иљтимоиёт бирасем.

("Рањбари дониш", соли 1928, №11-12 (14-15), сањ. 13-18)

Баргардон ва тавзењоти

Мањмадшарифи РУСТАМ 1 Абдуќодир Муњиддинуф. ниг. ба маќолаи А.Муњиддинуф "Мардуми шањр ва атрофи Бухоро тољиканд ё ўзбак?", "Рањбари дониш", 1928, №8-9 (11-12), сањ. 15-18; њамчунин, ниг. баргардони маќола дар "Нигоњ", 11 марти соли 2012, сањ.10-11. 2 Туркманистони имрўза 3 модињо 4 њахоманишињо 5 Семиречье (Њафтрўд)- ќисмати Ќирѓизистон ва Туркистони Чини имрўза 6 Њайтолидњо (эфталидњо) 7 Зайдињо 8 муѓулњо 9 САГУ (Среднеазиатский государственный Университет) 10 Натиљаи душманињо буд, ки Аббос Алиевро аз кори масъул (нозири маориф) дур карда ба хондан фиристоданд. 11 Муаллиф дар ин бобат то андозае хушбин аст. Миллатчиёни ўзбекпараст аз тарафи роњбарияти Њизби коммунист ва њукумати Ўзбекистон дастгирї меёфтанд. Онњоеро, ки Аббос Алиев дар назар дорад, танњо ба кори дигар гузаронданд, минбаъд (солњои 1933-1937) ба љазо гирифтор шуданд. 12 Бисёр зиёиёни тољик манфиати бо забони мардуми мањаллї форсї бурдани коргузориро дар Бухоро ва атрофи он дар камхарољот кардани кори мактабу маориф медиданд ва бо ин роњ њукуматро ба роњ даровардан мехостанд. Вале ин манфиат њам сарфи назар карда шуд.


12

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЊИКОЯТИ ЊАФТА

Достони боѓи Ирам

Вай амиќ дар ёд надорад, ки кай, маротибаи охирин рўзнома ё китоберо ба даст гирифтаву сарсарию рўякї њам бошад, хонда лаззату кайфияте њосил карда бошад. Не, шаби ќаблї њарчанд саъйе ба харљ дод, пешониашро молиду молид, чизе ба хотираш наомад. Ва ѓамандудаву ошуфтасар фикре дар маѓзаш буњбуња андохт, ки бо ин вазъ дигар наметавонад дар мањофилу маљолис ва вохўриву сўњбатњо бо гурўњњои алоњидаи мардуми дењоту рустои тобеи љамоаташ ба шўру шааф ва њамњамањо њарф бизанад, суханони ононро бурида, ба афкорашон латма ворид кунад. Як муаллими мањмадоно ва ё он нафари дигараш кї буд?, ња, њуќуќшиноси низомиро, ки солњо дар Вазорати дифоъ хидмат кардааст, моту дањонбаста ва мулзам намояд. Чанд муллову хатибро чї? Ња, ња, як умри азизу гаронќимматро ба бењуда гузаронида, њадди аќал ду-се китобчаи мазњабию осори динї ва шоирони гузаштаву муосирро вараќ назадааст.

Њамакнун котиби љавоне аз дењаи Лаби Ќабод ба ў насињат мекунад, андарзу ваъз мехонадаш, ки адлу адолатро риоя кунад, аз љодаи инсоф пой берун нанињад. Бедодгариву зулму берањмиро ба ављи аълояш нарасонад, аз банди мустањками нафси аммора рањо ёбад, ки оќибаташ фољиа ва њалокати ўст. Ва порае аз ривояту њикоятњоро ба самъаш расонд: аз пайдоиши Одам то дар дарё ѓарќ гардидани фиръавн ва ишорате дар байн андохт, ки оќибати кори Олами бевафо њамин, мегузориву меравї, агар подшоњ њам бошию дарвеш њам, раис њам бошию саис њам. Ва ў, Раиси Калони дењшўро, бо исми Шокири Замин, балки мулаќќаб ба "Хамелеон" (буќаламун) дар љояш такон хўрд, ѓазабу аламаш боло гирифт, вале њарфе, ибораву љумлае дар посухи хатиби љавони дењаи Лаби Ќадоб наёфт, ки барќвор бигўяду ба дањони вай фозили замон мўњри абад бизанад. Не, натавонист ва дар айни њол ба гунаи ољил вазъашро таѓйир дода, салобату шукўњи фиребои худро барќарор намуда, аз љо баланд шуд ва гўё аз њама гуфтаву навиштањо бохабар бошад, овоз баровард: - Хайр, шуд, шуд. Њурмататонро ба љо оварданд, аз њаддатон нагузаред. Мо њам аз ин афсонањои Шумо наќл кардагї хабар дорем. Њамин ќадар кор аз дастатон меояд: насињат, насињат, насињат. Ва маљлисро пўшида эълон карду бо шаст аз толори љаласањо баромаду "дум хода кард". Ва аммо шабону рўзони зиёде бедимоѓу пакару маъюс мегашт. Оќибатуламр ба котибаш, ки хеши наздикаш њисоб меёфт, аз ин боб сухан кард ва хоњиш намуд то китобе барояш ёфта бидињад, ки дуруст аз рўзгори пайѓамбарон ва авлиёву анбиё наќлњо дошта бошад. Ва се рўз дар байн сипарї гардид. Вай, раиси љамоат Шокири Замин, мулаќќаб ба "Хамалеон" аз пайи фурўши замину ба савдо задани боѓоту идорањои

колхози собиќ авлиёву пайѓамбаронро њам аз ёд бароварду китоби ривояту ќиссањоро њам ва имом-хатибу муаллими мањмадонову афсари нафаќахўрро низ. Чанде ќабл дар сараш фикре бањузур омад, ки дар ин диёр касеро ба њоли љамоату раисон каре нест. "Фурўшу торољ куну пул ёб"-ин шиори вазифадорон шудааст. Пас, чаро вай гаражу замини боѓи току ангурро њам аз худ накунад? Клубу китобхона, хонаи фарњанг, идорањои колхоз ва кулли заминњои њосилхезро шахсї карда, ба номаш њуљљату санад сохт. Акнун… - Ба шумо китоби аљибу хонданї ва шавќовар ёфта овардам,-гуфта аз дари дафтари кории раис даромад котибаш собиќ муаллими таърих Нурбой. Ва муаддабона ба љониби раис дароз кард онро: - Марњамат. - Чї китобест он?- дар навбати худ фориѓболу бепарво ва ќадре хаёлолуд пурсид раис. - "Ќасас-ул-анбиё"-фањмонд Нурбой ва бо чашмони шарарпош афзуд: - Бењтарин китоб. Мехонеду роњат мекунед, раис. Бовар кунед… - Медонам, медонам,-хамёза кашид Шокири Замин, њамааш наќлу афсона дар бораи азоби дўзах асту мурдан. Боз насињат, намоз хон, рўза бигир, араќ нахўр, зино накун… - Хайр, он тарафашонро боз худатон медонед, раис,-даст пеши бар љавоб дод Нурбой. Ба хондан хонеду аз рўи он амал накунед-да… Ња, ња, ња, њи, њи, њи… Ва Раис бо аз дар баромадани котиб ќулф кард аз дарун дари кабинеташро ва хоб рафтан хост. Худро ба роњаткурси партофта, чашмонашро пўшид нашуд. Яке бо ними нигоњ ба рўи миз чашм давонд ва китоби њамин њоло супурдаи Нурбой котибро дид. Чизе ба хотираш расидагї барин даст дароз карду китобро бар-

дошт ва ба рўи муќовааш назар кард. Китоби кабудранги гулдоре буд. "Ќиссасул-анбиё". Фол медидагї барин аз байн кушод сањифањои китобро ва њамчунон чашм давонд ба њарфњои рўи сањфа. Ва хонд, ки: "… Ва ин Ох ду писар дошт: яке Шадид ва дигар Шаддод. Шадид њафтсад сол подшоњї кард ва баъд аз вафоти ў Шаддоди малъун подшоњ шуд. Чун хонанда буд, њама алам мусаххари ў шуданд. Худои таоло Њудро ба даъвати вай фиристод. Ва гуфт, ки Худои таъоло мегўяд, ки њазор сол туро умр додам, то њазор ганљ бар по нињодї. Ва њазор зављаи хубрў хостї ва њазор лашкар шикастї. Њама неъмат аз каромати ман буд. Акнун бигў: "Худо яке аст", то туро дучандон неъмат бидињам. Бар ин неъмат дар рўзи ќиёмат њисоб нагирам, ба Бињишт бирасонам. Чун Њуд (а) ин калимот бигуфт, Шаддод алайњилаъна гуфт: Маро ба Бињишт даъват мекунї? Ман сифати бињишт шунидаам, ман низ дар дунё Бињиште бисозам, то бидонї, ки маро ба Бињишти Худои таоло њољат нест". "Аљаб. Аљаб,-аз дил гузаронд Шокири Замин, ќиссаи шавќоварест. Бегоњ давом медињам хонданро..." ва пўшид китоброву ногањону нохоста ба дарёи хаёл ѓарќ шуд. "Акнун, барои минбаъд дар љамъомадњо ана аз њамин њикоят мисол меорам. Мегўям, ки дар замонњои ќадим шахсоне зиндагї ба сар бурдаанд, ки дар њамин Олам Бињишт бунёд кардаанд. Мисли… чї ном дошт он мард, эњ…" … Ва рўзњо мегузаштанд. Раис намоишкорона гаражро соњиб шуда, онро кандаву чаппа карда, бўстонсарои чањорќабата бардошт. Дар љойи истгоњи пешинаи сокинони дењ, ки автобус аз он љо ба шањри Калон мебурд онњоро як маѓозаи дарозу бавусъате бисохт ва номашро "Маѓозаи "Шукрона" гузошт. Ва шабњо

кам-кам ќиссањои "Ќасас-ул-анбиё"-ро мехонду завќ мебурд. Ваќте саргузашти Шаддодро хонда тамом кард, хоњише дар дилаш рў зад: магар вай наметавонад, ки замини доманфарохеро соњиб шуда, монанди Шаддод бињишти замонавї бунёд кунад? Наметавонад? Метавонад, албатта, метавонад. Ва ин майли дилангез ўро беќарор кардаву ба сўи орзуњои рангин мебурд. Вай Бињишт месозад ва мардуми ќаламрави љамоатро ба њайрат меорад. Сари субњи рўзи чањоршанбеи њафтаи дувуми моњи март бо Раиси ислоњоти замин ва думравонаш ба назди мавзеи "Олучањо" шитобиданд-Замини тахту њамвор, сабзгуну хушнамо, ки дар њошияњояш гули ќоќу шероза дўхта буд. - Гап њамин,-дастњо дар миён ба сари маќсад омада, гуфт Раис. Ба шуниди ман ин замин дуруст 50-гектар меояд. Њамин тавр? - Бале, бале, дуруст мегўед,-яктану якдил тасдиќ карданд суханони Шокири Заминро думравонаш. - Ана њамин заминро бояд ба Бињишт табдил дињем,-чашм аз дарахтону буттањо наканда хаёлолуд фањмонд Раис. Аввал гирду даврашро девори мармарини баланди 15-20 метра мебардорем. Баъд… аз чањор тараф дарвозањои кошинкории ќимматбањо насб мекунем. Хайр, сонї… Ба ёдаш навиштаи китоби "Ќиссас-уланбиё" омад: "…Аввал деворњо аз хишти зару сим карданд ва сафњову сутанњо аз забарљаду зумурради сабз карданд. Чунон ки Худои таъоло Њазрати Рисолатпаноњро аз он сутунњо ва сифати бињишти Шаддоди лаъин хабар дод, ки дар Дунё њељ кас ончунон бињиште насохта буд…" Ва аз њамон рўз сар карда, амри Раис њукми ќонунї гирифт.

сањ.16


ВОКУНИШИ ЊАФТА

№12 (272) 27 марти соли 2013

13

Ман љавоби донишљўйи соли 5 - уми ДДСТ ба номи М. Турсунзода Абдумаљид Бобоевро ба маќолаи танќидии "Гусели маѓзњо" аз донишкадаи санъат" дар рўзномаи "Нигоњ" хондаму беихтиёр байти зерин ба ёдам омад: Ман аз мурдан наметарсам, ман аз мурдор метарсам, Аз он сарве, ки сабзад бо хаёли дор метарсам…. А. Бобоев! Ман ба ту чор сол аз фанни сози тахассусї, дарс гуфтам. Сатњи дониш ва ќобилияту истеъдоди туро хуб медонам. Як нукта маро ба њайрат гузощт, ки дар ин шаш моњи дар донишкада набудани ман ту маќоланавис ва њатто файласуф шудаи. Ё тавба?... Густохиат то љое расидаст, ки имрўз аз гиребони устодонат гирифтаї, онњоро тўњматчиву порахўр гуфтаї. Мо мефањмем, маќоларо ту нанавиштаї ва навишта њам наметавонї. Хатои ту ин аст, ки дар зери он имзо гузоштаї. Маќоларо шахсе навиштааст, ки аламзадааст ва аз њар сатри он доду фиѓони ў ба гўш мерасад.

Чењраи аслии Низомов А. ЗУБАЙДОВ Дар сояи дигарон паноњ бурдану њарифро ба мушти дигарон кўфтан методи рўзмарраи Низомов Аслиддин - ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода мебошад. Инро борњо дидаему хело хуб медонем. Аммо ба њар њол ту муаллифи маќола ба њисоб меравї, чунки дар зери он имзои туст ва ман бевосита ба ту мурољиат мекунам. Ту дар оѓоз гуфтаї, ки маќолањои танќидиро хондаиву виљдонат туро азоб дод. Ту њоло азоби виљдонро боре њам дарк накардаї. Агар рўзе аќлат дарояду моњияти ин кори нисбати устодон кардаатро дуруст фањмї, то охири умр виљдон азобат хоњад дод. Арасту итоат кардан ба роњбари одилу њалолкор ва боинсофро талќин мекард, на роњбари мардумозорро. Як љумлаатро пурра меорам:"…Вале ин кор (гусели нафаќахўрон - А.З.) ба баъзењо ба ќавли худашон, гўё нафорид ва оташи рашку њасад ё бухлу бахилии чандинсолаашон аланга зад ва онњоро сўзонда ба рўи коѓаз омад". Инсоф бародар! О ту кўдаки дирўза, дар бораи рашку њасад ва бухлу бахилии чандинсолаи нисбати Низомов доштаи ин устодон, ки синну соли њар кадом ќариб ба 70 - 80 расидааст, аз куљо ва чиро медонї? Ваќте ки ин шахсиятњо дар хизмати мардум буданд, ту њатто дар гањвора набудї. Оё ту њуќуќ дорї, ки ин бузургонро "…пеш аз оне, ки ин гапњоро гуфтед, бояд аввал андеша мекардед, гуноњњои кардаи худатонро ба ёд меовардед" гўи. Бо суханони зерин њама марзу буми одобу ахлоќро убур карда, ба олами тўњмат ворид шудаї: "…Баъдан ногуфта намонад, ки рафтору кирдори њар яки шумо ба њама маълум аст ва маълум хоњад шуд. Кї по-

рахўр, кї њаромхўр ва кї хубу поквиљдон. Ман шахсан агар хоњам порахўрии порахўри ашаддиро ошкор мекунам. Агар чї аллакай ошкор шудааст" (бо методи Низомов - А.З.). Маълум, ки ин суханон аз синаи аламноки кї фаввора зада истодаанд. Акнун дар бораи "дар вазифањои баланди роњбарикунанда кору фаъолият" кардани Низомов мо низ "барои намуна" кам-камак чанд мисол меорем: Солњои мудири кафедраи мусиќии халќњои шарќ будани А. Низомов борњо шоњиди љанљолу хархашаи ў бо устодону шогирдони ин кафедра шудаем. Роњбарияти онваќтаи донишкада аз дасти ў ба дод омада буд. Сарояндаи соњибистеъдод, шодравон Оимљон Бобоевро хуб мешинохтї. Ў як марди сарбаланду бовиќор буд ва дар назди касе сар хам намекард. Низомов мехост, ки ў низ яке аз лаббайгўёни ў бошад. Лекин дар рагњои Олимљон, ки хуни љавонмардї дар љўш буд, ба Низомов сар нафаровард. Ў аз мансаби онваќтааш истифода намуда, Олимро аз доншкада хориљ кард. Гарчанде Олимљон баъдтар донишкадаро бомуваффаќият хатм намуд, аммо таъсири њамон "шикастан" - и номардона то охири умр дар рўњи ў кора кард. Аз фаъолияти Низомов ба њайси сардори управления оид ба корњои санъат як мисолак меорем. Ў аз роњбарияти яке аз театрњои љумњурї ба сањна гузоштани намоишномаеро, ки муалифаш шахси мансабдор буд, талаб мекунад. Ањли театр онро рад мекунанд. Акнун якчанд љумларо айнан аз маќолаи мухбир Александр Минкин бо номи "Драмаи вазорат" (Министерская драма, рўзномаи "Советская культура" аз 29 майи соли 1986) меорем: "… руководство театра пригласили в министерство, и начальник управления искусств А. Низомов приказал: "Ставьте "Тень Дявола"! И никаких возражений!" - "Но у нас утвержденный репепртуарный план!" -"Меняйте!".

А. Бобоев! Ту ба таълиму тарбия машѓул будани А. Низомовро ба тафсил овардаї, вале аз Низомов напурсидї, ки дар тўли фаъолияташ ягон шогирди овозхон, навозанда ва ё номзади илм ба воя расонидааст ё не? Ё ин ки аз собиќ њамкоронаш ягон нафар ўро ба некї ёд мекунад? Фаъолияти роњбарии А. Низомов дар театри опера ва балети ба номи С. Айнї аљибтар аст. Чї тавре ки аз маќолаи Л. Савитская "Акнун навбати кист?" њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" № 28 (300) аз - 9 июли соли 1987 (тарљума аз рўзномаи "Советская культура" аз 30 - июни соли 1987) мебинем, аз рўзи аввалли ба ин театр омадани Низомов то лањзаи аз кор ронда шуданаш чї фитнаю иѓвое барпо накард. Ў ба сари сардирежёри театр Ниёзмамадов ва сарбалетмейстер М. Бурњонов чї љанљолу дасисањо наовард. Оркестр ва дастаи балети театрро ќариб ба нестї расонид. Дар зарфи шаш моњ 27 нафар раќќосону балеринањо аз кор рафтанд. Барои тасдиќи гуфтањои боло аз ин маќола якчанд иќтибос меорам: "тамоми театрро (яъне театри опера ва балети ба номи С. Айнї - А.З.) ба "хонаи худ" - ба "ќалъаи худ" табдил додан мумкин будааст. Њунар ёбу ин ќалъаро фатњ кун. Умри дарозе лозим аст, ки он ќалъаро муњосира карда тавонї…". Сипас зери сарлавњачаи "Директори худсар" мехонем: "… ин театри Душанбе имрўз аз он љињат машњур шудааст, ки мудом ба прокуратураи районї ва республикавї сару кор дорад. Мутаасифона, дар давоми як соли охир ягон ташкилоти дигари республика бо театри опера ин ќадар зиёд машѓул нашудааст. Прокуратура шахсони бар хилофи ќонун аз кор рондашударо аз нав барќарор мекунад, выговорњои ѓайриќонунї додашуда ва фармонњоро аз эътибор соќит менамояд, огоњнома ва тавсияномањои расмї менависад. Аммо дар пеши директори театр А. Низомов, њатто ќонун маълум мешавад, ки ќуввае надорад. Ба ќавле, хоњад љазо медињад, хо-

њад мебахшад. Бењтараш ин, ки дигар њама гуна ташкилотњои љамъиятї зери пояш пилмида нагарданд, ана он роњбари бадеї бошад, бигзор хап гардад ва фармонњои директорро бе чуну чаро иљро кунад. Ана чї хел одами бузург пайдо шудааст дар шањри Душанбе". Имрўз низ дар Донишкадаи санъат боз њамон суду судбозї…. Бўњтон задани Низомов ба њамкоронро љумлаи зерин тасдиќ мекунад: "… моњи феврал ба Бурњонов выговори сахт эълон карда шуд, гўё ў "њодисаи нўшокии спиртї истеъмол кардани артистони балетро рўйпўш кардааст". Аз таърихи ин кор комиссияњои гуногун бохабар шуданд. Далели мастигарї тасдиќ нашуд, чунки рўзи таваллуди рафиќеро бо чой ва торт љашн гирифта буданд. Ин выговор њам бо дахолати прокуратура бардошта шуд". Як ду мисол аз пулдўстии Низомов меорем: "…аз 27 њазор суме, (ин таќрибан ба 240 њазор сомонї баробар аст-А.З.) ки сои 1986 Вазорат барои реклама ва тањияи нави спектаклњо људо карда буд, њамагї нимаш харљ шуд…". "… 10,845 суми барои тањия (балети "Њазору як шаб" - А.З.) људо кардагї, 5100 сумаш сарф шуду бас…". Дар бораи раиси иттифоќи композиторон будани ин "композитори беоњанг" (ибораи шодравон Фатоњ Одина) гуфтанием, ки Низомов бар ивази "хизматњояш" нисфи замини иттифоќи композиторонро дар ш.Душанбе аз худ намуда, дар он љо хонаи шахсї сохт. Сипас аз маќолањои илмиву китоби "бузург" - и устодат ёдовар шудаї, лекин аз як "кашфиёт"-и илмии устодат Низомов бехабарї. Ў (бо гурўњи корї) љилди 1-уми шоњасари безаволи халќи тољик "Шашмаќом"-ро соли 2007 - ум аз чоп баровард. Ин асар бо зањмати зиёд солњои 1950- 1967 дар 5 - љилд аз љониби устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соњибов ва Ф. Шањобов дар Маскав нашр гардида буд. Мо дар ин бора чизе намегўем, фаќат аз маќолаи яке аз донандагону иљрокунандагони барљастаи

Шашамаќом, ки зањматњои ўро Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо унвони баланди Њунарпешаи Халќии Тољикистон ќадр кардаанд, Абдувалї Абдурашидов "Турфа шогирде, к-аз худ кунад моли устодро" (Минбари халќ № 50(519) аз 4 - июли соли 2007) меорем: "…Масъулини китоби нав (яъне Низомов бо гурўњи корї А.З.) нусхаи аслии устодонро истифода бурда, баъзе аз ислоњњои љузъиву камэътибор дароварда, њамзамон даъвии муаллифї карда, номњои устодони бузурги Шашмаќомро аз байн бардоштанд. Маълум шуд, ки маќсад аз интишори китоб дар њал намудани масъалањои Шашамаќом набуда, балки асосан пешнињод ва муаррифии номњои хеш будааст, ки эшонро барои ба ин муваффаќ шуданашон метавон "табрик" гуфт… Аз њама муњим, шарм накарда номњои устодонро бо номњои хеш иваз намуда, худро ба унвони муњаррир муррифї намудаанд. Ин аст фољиаи асри 21! Фољиаи фарњаги Тољикистон…". Акнун аз маќолаи љавобии А. Низомов бо номи "Бе зина ту њам то лаби бом баро" Минбари Халќ №57 (526) аз 28 июли соли 2007) иќтибос меорем: "…Онњо низ (яъне Б.Файзуллоев, Ш.Соњибов ва Ф.Шањобов - А.З.) муаллиф ё худ эљодгари панљљилдаи Шашамаќом набуданд, онњо танњо "тартибдињандагон"-и ин нашр буданд". Ана ёбу гир! Сипас Низомов бо методи маъмулаш ба тањќиру тањдид гузашта, бо калимаву иборањои "кўрнамак", "маѓзи сари пур аз бухлу њасад", "ќабоњатомез" ва ѓайра муаллифи маќолаи пешинро хуб њаќорат мекунад. Дар як кафедраи "рўзноманигори телевизион ва радио" 20 муаллими унвондорро аз куљо пайдо кардї. Њол он, ки дар саросари донишкада, бо њамроњии худи Низомов њамагї 5 - омўзгори асосии унвони илмидошта мондаасту халос. Бовар кун, дар дурўѓбофї аз устодат Низомов њам гузаронидаї.

сањ.14


14

№12 (272) 27 марти соли 2013

ВОКУНИШИ ЊАФТА

Чењраи аслии Низомов сањ.13 Аз рўзе, ки Низомов ќадамашро ба донишкада монд, раванди таълим рў ба таназзул нињод. Бењтарин мутахассисон аз дасти иѓвою фитнаи ў аз кор рафтанд. Китобхонаву хобгоњ, ошхонаву толори консертї ва ду бинои донишкадаро Низомов насохтааст. Онњо пеш њам буданд, танњо таъмир карда шуданд. Пештоќи бинои донишкадаро низ Низомов насохтааст. Мо бояд шукри тинљию амонї кунем ва ба Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон ташаккур гўем, ки њамаи ин ободию осудагї аз шарофати ин марди бузург аст. Агар Њукумати Тољикистон маблаѓ људо намекард Низомов чї кор карда метавонист? Ту "навиштаї": "…Магар шумоён ин њамаро дар давраи ректорони дигар дида будед?". Ту давраи ректорони дигарро чї медонї? Куљо будї он даврон? Ту аз куљо медонї, ки барои ташкили ДДСТ ва дар бинои имрўза љой додани он М. Назаров ва дигар мардони фарњангии тољик чї зањматњо кашидаанд. Бинои хобгоње, ки ту дар он зиндагї дорї, бо кўшишу талошњои ректори аввалини донишкада, профессор М. Ѓаффорова аз як ташкилоти дигари давлатї "кашида гирифта" шуд. Ин кори осон набуд. Вазъи сиёсиву иќтисодиву иљтимоии солњои 90-уми асри гузашта, ки Р. Амиров он давра сарварии донишкадаро ба ўњда дошт, ба њама маълум аст. Агар он замон А. Низомов мебуд, донишкадаро партофта мегурехт. Сохтмон як тараф истад, як хиштро болои хишт монда наметавонист. Лекин Р. Амиров барои нигоњ доштани донишкада ва њимояи устодону шогирдон хеле зањмат кашид. Дар давраи роњбарии Т. Сатторов ва В. Набиев бомњои ду бинои асосии донишкада болопўш крда шуданд. Устодон шоњиданд, ки Т. Сатторов љони худро сипар намуда, аз чанги чор љангии бангии автоматдор донишљўдухтаронро наљот дод. Гумон мекунам ў сактаи аввали дилро он љо гирифта буд. Магар Низомов ба ин ќодир аст? Њаргиз не! Дар замони ректорони пешин диќќати асосї ба таълиму тарбия, омўзиши илму њунар равона гардида буд, на ба сохтани "ќафаси тиллої". Чунки онњо медонистанд, ки булбул бояд озод бошад, зеро дар ќафас мемирад. А. Бобоев! Донишкадаро мо бастан намехоњем. Донишкадаро худи Низомов бо амалњои нољои худ ба хавфи басташавї рўбарў кардааст. Охир бо 4 нафар номзади илму як доктор до-

нишкада ба фаъолият њуќуќ дорад? Як "доктор" ин худи Низомов аст. Ў дар њама соњаву њама љо бояд якто, якум ва ягона бошад. А. Бобоев. Ту љавони 21-22 сола њастї. Барои ту якуму чорум ошёна фарќе надорад. Вале барои мўйсафеди 85-сола Љ. Охунов, ба ошёнаи чорум баромадану фаромадан амрест муњол. Инро ту њоло намефањмї. Оё дарсњои ин шахси мўйсафедро ќасдан аз ошёнаи якум ба чорум гузаронидану ба зориву илтимоси ў нигоњ накарда "тавонї њамин натавонї…" гуфтан аз рўйи одоби инсонист? Магар ин аст дилсўзии Низомов?! Ман ду бор гиряи талхи ин устоди азизамро дидаам. Бори аввал њангоми аз паси тобути љигарбандаш, ягона писари 46 солааш Салимбек, ки такягоњ ва асои пирияш буд, аз дастони ду наберањаки ятиммондааш дошта, зору њайрону нолон бо ашки шашќатор мерафт. Бори дуввум, баъди ин рафтори Низомов. Устод аз назди ў баромада кўдаквор гирист: "Маро дар пириам хор кардї, илоњї дар пирият хор шавї…". 26 - феврали соли равон дар толори калони Вазорати фарњанг, дар мавзўи "Сањми М.Назаров дар рушди фарњанги халќи тољик" конференсия баргузор гардид. Ќисми дуюми конференсия дар толори ДДСТ ба номи М. Турсунзода доир гардид ва бояд танњо аз консерт иборат мебуд. Пеш аз консерт Низомов ба сањна баромад. Њарчанд ў кўшиш мекард, ки худро ором нигоњ дорад, лекин њис карда мешуд, ки њисси интиќом дар вуљуди ў талотум дорад. Ман дар ќатори дуюм нишаста будам ва ў дар сањна суханронї мекард: -"…Шахсияти фарњангї мањалчї буда наметавонад. Хоњадам наметавонад… Лекин бар зидди М. Назаров мањалчињо мубориза мебурданд. Бо фитна, бо иѓво аз вазирї гирифтанд. Њамон ваќт њам дар атрофашон дурўяњо тамаллуќкорњо буданд. Баъзеяшон боз њам сухан мегўянд…". Хонандаи азиз! Магар њамин тур суханронї ба роњбари як даргоњи фарњангї мезебад? Инсонеро, ки дар замираш њисси сафедро сиёњ гуфтану, сиёњро сафед нишон додан љой гирифтааст, њаќиќатро наметавон њатто бо наѓмаи довудї ба гўши ў ворид намуд ва афкори ўро дигар кард. Акнун ў худро идора карда наметавонист ва њар чї ба забон меомад, андеша накарда мегуфт: - "Дар донишкада пулчинї карда мегаштанд, имрўз афлотунї мекунанд". Худи донишљўён пулѓундоракњоро хуб медонанд ва худи Низомов њам хело хуб медо-

над, ки дар донишкада кї ба пулѓундорї машѓул аст, лекин аз чї бошад, дидаву дониста устодони бегуноњро сиёњу бадном месозад. Ќариб дар њама баромадњош бо суханони суду прокуратураю корупсия тањдид мекунад. Худо кунад, ки рўзе кормандони прокуратура ва агентии мубориза алайњи амалњои корупсионї ба ин донишкада роњ ёбанду мўйро аз хамир људо кунанд. Он ваќт њамааш маълум мешавад... Ў фаромўш карда буд, ки имрўз мо барои ёди номи неки М. Назаров љамъ омадем, на барои шунидани суханони Низомов. Чунон ба эњсосот фурў рафта буд, ки бо шиорпатоињояш донишљуёнро ба зидди устодон мешўронид: -"Имрўз ба љониби њамин донишкада аз баѓали беномусњо санг мепарад. Натарсед! Эњтиёт кунед! Фарњангро эњтиёт кунед! Њељ зиёне ба ин донишкада намерасад! Ба ректораш намерасад!". Њама интизори консерт буданд, лекин ў суханро идома медод: -"Имрўз сўи њамин орган њам чашм ало мекунанд, ки барои чї намемонанд ба он наздик шавем. Баъзењо арѓунуна шарманка фикр мекунанд, ки баѓаламо гирему тўй равем". Њай-њай Низомов! Ба гузаштаи худ санг назан… Солњоеро, ки дар тўю маъракањо "шарманка" навохта пул меѓундоштї, фаромўш накун. Дар ёд дошта бошї, дар 50-солагии як нависандаи маъруф ту "шарманка" навохтиву ман суруд хонда будам… Ваќто њис кард, ки мардум аз сухнронии ў дилгир шуданд, ба арѓунуннавозї пардохт. Арѓунуннавозии ў "Гунљишкак"-навозии (ў аз ин асар ќимоб аст) донишљўёни курси якуми факултети мусиќї - омўзгориро ба ёд меовард… Мо ба арѓунун чашм ало накардаем, гуфтанї будем, ки рафиќ А. Низомов њазор љон канї њам аз ту арѓунунавоз намебарояд. Мон, ки љавонон дар ин сози нодири мусиќї машќ кунанду мутахасиси хуб шаванд ва асарњои композиторони тољикро ба љањониён пешкаш намоянд. Рўзи намоиши ѓайриќонунии филми "Говсуд" Низомов гуфтааст, ки чанд соле, ки хоњам ректорї мекунам. Бигзор! Ман њам намехоњам, ки як "њамшањрам" аз сари мансаб равад, ки онро аз љонаш њам зиёдтар дўст медорад. Маќсад аз ин сатрњоро рўи коѓаз овардани ман он аст, ки њар боре Низомов ба сањна мебарояду тўтивор хешро таъриф карда, аз худаш фариштаи осмонї метарошад, устодону донишљўёни донишкадаи санъат донанд, ки ў дар асл кист!

SOS: Беморони Вич-СПИД дар Тољикистон афзоиш меёбанд

Дар Тољикистон теъдоди сироятшудањои бемории норасоии масъунияти одам ё ба истилоњ Вич-СПИД, њамасола рў ба афзоиш нињодааст. Тибќи омори расмї, барои нахустин маротиба ин беморї нимаи дуввуми соли 1991 дар љумњурї сабт шуда буд. Он њангом танњо як нафар барандаи Вич баъди ташхиси тиббї ошкор гардид. Соли 2008-ум теъдоди барандагони ин беморї аллакай ба 1,5 њазор расид. Бино ба иттилои "Садои Русия", дар оѓози соли 2013-ум барандагони Вич-Спид дар Тољикистон расман 4674 нафарро ташкил додааст. "Садои Русия" гуфтааст, аз њамин шумора беш аз 200 нафарашон кўдакон будаанд, ки бо сабабњои "барои табибони тољик номаълум" сироят ёфтаанд. Ба ќавли ин манбаъ, сар аз соли нав 4 тан аз кўдакони душанбегї мубтало ба Вич гаштаву то њанўз манбаи сирояти эшон номаълум боќї мондааст. Харчанд волидайни ин кўдакон барандагони ин беморї нестанд, вале табибон бо иллати дер мурољиат намудан, аз ошкор гаштани манбаи сироятї ољиз мондаанд. Дар Кўлоб аз сирояти кўдакони Вич бехабаранд. Дар навоњии минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон, бино ба иттилои сардори Маркази мубориза алайњи норасоии масъунияти одам Тоњир Туманов, 596 нафар аз барандагони бемории Вич-СПИД расман ба ќайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора, 144 нафарашонро занон ташкил медињанд. Аммо дар мавриди гирифтори ин беморї гаштани кўдакон, љаноби Туманов чизе гуфтан наметавонад. Ба иттилои манбаъ, сар аз соли 1991 (нахустин ошкори ВИЧ) то соли 2013-ум дар навоњии минтаќа 126 нафар аз барандагони Вич-СПИД ба њалокат расидаанд. Туманов мегўяд, њамасола њукумати љумњурї барои ошкор ва ташхису табобати ин беморї ба Маркази минтаќавї маблаѓњои зарурї људо мекунад. Танњо барои соли 2013-ум аллакай 475 њазор сомонї људо гаштааст. Дар њамин маврид, ў меафзояд, барои ташхиси беморї ва табобати касалмандон аз љониби ташкилотњои байналмиллалї таљњизоти тиббї ва доруву дармони ройгон кўмак расонида мешавад. Пас, маблаѓе, ки аз њисоби љумњурї дода мешавад, ба куљо ва кадом маќсад сарф мешуда бошад? Ин дар њолест, ки дар назди Маркази мубориза алайњи норасоии масъуният барои муолиља ва бистарї гаштани беморон ягон шароите мављуд нест. Вале ба гуфтаи Туманов, 70 фисади ин маблаѓ барои маоши коргарону ходимони марказ нигаронида шудааст. Аммо саволи норўшан ин аст, ки њамин ходимону коргарон ба чї фаолиятанд, ки гирифторони беморї на кам, ки зиёд гаштан доранду њам ќурбон гаштан. Тибќи иттилоъ, Фонди глобалї дар наќша гирифтаст барои пешгирї ва табобати ин беморї барои чумњурии Точикистон дар имсол 6 миллион доллар кўмак намояд, ки иќдоми хубест. Аммо боз хубтар мебуд, ки њамин ташкилотњо ва Вазорати тандурустии Точикистон аз болои маблаѓњои чудогардида назоратро љорї мекарданд, то он ба суроѓаи даркорї мерасид. Дар њамин њол, бо ташаббуси беморхонаи сироятии шањри Кўлоб ва дастгирии ташкилотњои хориљии мададрасон, дар назди ин беморхона шўъбаи табобати беморињои Вич-СПИД созмон дода шуда, сар аз дањаи дуввуми моњи марти имсол ба фаъолият оѓоз намуд. Ба иттилои Эмомалї Бобохонов, мудири шўъба, дар ин муддат аллакай 5 тан аз беморони сирояти Вич барои муолиља мурољиат карда, бистарї гаштаанд, ки 3 нафарашон занон будаанд. Бобохонов гуфт, аз њисоби фонди глобалї ба маблаѓи 7,5 њазор сомонї таъмири шўъба анљом дода шуда, инчунин ба маблаѓи 7,8 њазор сомонии дигар таљњизоти тиббї кўмак расонда шуд. Инчунин, табобат ва таъмини доруворї барои маризон ройгон роњандозї мегардад. Бемории Вич-СПИД њанўз солњои 80-уми асри гузашта аз чониби табибони амрикої кашф гашта буд. Дар Иттињоди Шуравї нахустин маротиба ин мараз соли 1988-ум, дар пойтахти чумњурии автономии Ќалмиќия, шањри Элиста, бо ошкори 32 нафар барандагони Вич, аз љумла 5 зан ва 27 тифл ба ќайд гирифта шуд. Њамагї дар беморхонаи марказии шањр, аз беањамиятии табибон, ки аз шпритсњои нољўшонда (он њангом сўзандоруњои якдафъаина мављуд набуд) истифода бурдаанд, сироят ёфта буданд. Манбаи сироят мутахассиси шўравие, ки дар мамлакати африќоии Конго кору фаолият кардааст, дониста шуд. Дар Тољикистон соли 1991 танњо 1 нафар кашф гашт. Баъдан, сироятёфтагони ин беморї њамасола зиёд гаштан гирифт. Соли 2010-ум 1004 нафар, соли 2011 989 ва соли 2012 зиёда аз 900 нафари дигар барои нахустин маротиба мубтало ба вируси Вич СПИД гашта, расман ба ќайд гирифта шудаанд. Тавре гуфтем, тибќи иттилои расмї барандагони Вичи сироятї дар чумњурї наздик ба 4700 нафар будаанд. Аммо ба иттилои ѓайрирасмї, шумули ин тоифа ба маротиб зиёданд, ки муттаасифона, љуръати мурољиат ба Марказњои мубориза алайњи СПИДро надоранд.

Аслиддин ДОСТИЕВ


ЯК ЊАФТАИ МУЗОФОТ Ќисмати зиёди дењоти бе хати барќ ба навоњии минтаќаи Кўлоб рост меояд. Ба иттилои Мирзо Исмоилов, сардори ЉСК "Шабакањои барќи Кўлоб", то 1-уми январи имсол дар ин минтаќа 110 дења бе барќ будаанд. Аниќтараш, ба ин рустоњо аслан хати барќ кашида нашудааст. Мирзоев мегўяд, беш аз 50 фисади ин дењот баъди истиќлолият бунёд ёфтаву дар онњо камтар аз 10 хонавода ба сар мебаранд. Дар баъзеи дигарашон умуман касе зиндагонї намекунанд. Ба гуфти ин љаноб, бо ташаббуси ин идора дар соли гузашта ба 10 дењае, ки ањолии зиёдтар доранд, хати барќ кашида шуд.

15

А, БАРЌА ЧО МЕКНЇ? БИЁ, БРЕМ ТЎЙ...

Хатнасурро яксў гузоред, хати барќ кашед!

Аслиддин ДОСТИЕВ

Дар њамин њол, Ѓайбуллоњ Авзалов, раиси вилояти Хатлон дар маљлиси љамъбасти солона дар њузури нахуствазири љумњурї дар мавриди мушкили барќ барои рустоњо њарф зада, аз љумла ќайд кард, ки дар 173 дењаи вилоят хати барќ умуман кашида нашудааст. "Њамаи ин дењоти бебарќмонда дар навоњии минтаќаи Кўлоб мебошанд. Аммо вазъият дар љамоатњои дењоти Сари Хосори Балљувон, Чилдухтарони Мўъминобод, Дашти Љами Шўрообод ва Шугнови Ховалинг нињоят ташвишовар аст. Ањолї дар ин маврид тамоман аз иттилоот ва рўйдо-

№12 (272) 27 марти соли 2013

Дар њоле, ки ањолии Точикистон тўли таќрибан ним сол мушкили камбуди барќ доранд, аммо 173 русто дар вилояти Хатлон тамоман аз он мањрум мондаанд. дњои њатто чумњуриявї бехабар мемонанд. Дар ин бора якчанд маротиба ба њукумати чумњурї расман мурољиат кардаем, вале муттаасифона, то њанўз аз он љониб љавобе нагирифтаем". Дар њамин маљлис Авзалов аз Оќил Оќилов хоњиш намуд то дар њалли мушкили сокинони бебарќмонда, кўмаки бевосита намояд. Аммо бо гузашти 3 моњ, њанўз њам дар ин маврид аз љониби маќомоти

давлатї коре ба анљом нарасидааст. Аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо гузашти на танњо моњњо, балки дањсолањои дигар њам ба рустоњои кўњдоман бо ташаббуси маќомоти давлатї хати барќ кашида намешавад. Ба ќавли онњо, дар ин маврид сокинони мањаллиро лозим аст, то ба ќувваи худ ва маблаѓи худ мушкилашонро њал намоянд, њарчанд ки барои сохтмони он маб-

лаѓи зиёде зарур мешавад. Инчунин, метавон аз њисоби соњибкорони мањаллї низ истифода бурд, зеро ин гуна усули сармояљалбкунї дар кишвар ба њукми анъана даромадааст. Ба гумони ѓолиб, месазад то ба хатнасурњову тўйи арўсиву домодињое, ки бо як супорише ба "эстафета"-и соњибкорону маќомоти давлатї табдил ёфтааст, хотима додану ба корњои воќеан арзандаву савоб, аз ќабили кашидани хати барќу

об, бунёди роњњо ба мањаллањои эњтиёљманд, соњибкорону савобљўёнро даъват кард. Аммо, агар њукумати мањаллї аз њисоби буља ин корњоро ба анљом мерасонид, боз њам хубтар мебуд. Танњо набояд гуфт, ки маблаѓи буљаи ноњия барои бунёди чанд километр хати барќ ва харидории ноќилу симчўб намерасад. Вале агар воќеан њам инчунин бошад, пас њукумати ноњия ба чї кор меояд???

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС:

Зафари СЎФЇ

МУЊАРРИР:

Азизи НАЌИБЗОД

САРМУЊАРРИРИ ХАБАРГУЗОРИИ «ОЗОДАГОН»:

www.ozodagon.com Хилватшоњи МАЊМУД

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА

ТАРРОЊ: Аслиддини ЉУМЪА

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, х. Саъдии Шерозї – 16. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99

Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст

дар тамоми минтаќањои Тољикистон ва шањрњои Самарќанд, Кобул, Тењрон, Машњад, Олмотї, Бишкек, Москва, Санкт-Петербург Екатеринбург

пањн мегардад.


16

№12 (272) 27 марти соли 2013

ЊИКОЯТИ ЊАФТА

сањ.12 Аз бозори мардикорони шањр 100 нафар коргари кироя бањри кор дар боѓ фаро гирифта шуд. Аз дењу растою минтаќа 50 нафар, устои варзидаву њунарманд барои бунёди деворњои атрофи боѓ љалб карда шуданд. Кор оѓоз гардида, тадриљан ављи тоза мегирифт. Нахуст пойбасти деворњо муддати чињил шабу чињил рўз рехтаву устувор гардонида шуданд. Пасон мошинњои боркаши "камаз" ба кашондани хиштњои махсус, ки бо пешнињоди Раис аз мармару рухом тайёр карда шудаанд, машѓул гардиданд. 120 мошин шабону рўзон, бетанаффус хишт мекашониданду хишт мекашониданд. Нафарони хоса бо фармони Раис гурўњи барќчиёнро барои шинондани симчўбњо ва гузаронидани ноќилњои њомили љараён даъват карданд. Дар тўли ду њафта гирду боѓ ва дохили он аз нури шоњчароѓњо мунаввар ва дурахшон гардиданд. Дар дењоту рустои минтаќа њама аз кўдаку љавону пир сар карда, то занону бонувон ва кампиракони барљомонда ба таври мудовим аз сохтмони боѓи нестандарљањон, ки Раис Шокири Замин хосатан барои худу хонаводааш бунёд мекард, њарф мезаданд ва перомуни ин мавзўъ бањс ва бигў-магўњо хеле њам љиддан густариш меёфт. Тракторњои тасмачарх, булдозеру грейдерњо ба тахту њамвор намудани майдони беруну даруни боѓ машѓул буданд. Устоњои деворгар, ёрдамчиён, хиштбиёру хишткашонњо, гилкорон расо 366 рўзу 366 шаб ранљу зањмат кашиданд. Деворњоро то нисф бардоштанд. Ва дар њамин њол пулу маблаѓ кифоят накарда монд. Раис, Шокири Замин мулаќќаб ба "Хамелеон" амри дигар содир кард: аз сокинони дењу ќаряљот пулу мол, гову бузу гусфанд, њама гуна ороишоти тиллоиро љабрану зўран љамъ биёваред, то кори боѓ ба анљом расонда шавад. Ва сохтмону бунёди боѓ ба дарозо кашид: як сол, ду сол, 10 сол… Ва мардум хаставу монда шуданд. Ва ноумеду маъюс шуданд. Ва аз зулму бедодгарии Раиси Шокир ба фиѓон омаданд. Шокири Замин њар сари чанд гоње савори мошинњои тамѓаи хориљї ба тамошои боѓ меомад. Ва оќибатуламр боѓ омодаю тайёр гардид. Шомгоњ дафъатан Раис ќиссаи Шаддодро вараќ заду дар љое набишта дид, ки: "… Он гањ дарахтон сохтанд, ниме аз зару ниме аз сим ва баргњо аз зумурради сабз, шохњо аз ёќути сурх, дар миёни дарахтон мевањои гуногун бароварданд. Ва ба љои хок мушку анбару заъфарон рехта ва ба љои санг гавњару марљон дар сањн андохтанд. Ва аз ширу маю ангубин љўйњо равон карданд. Ва он гањ дар дари бињишт чањор майдон сохтанд ва дарахтњои мевадор нишонданд. Ва дар њар майдон сад њазор курсии зару сим нињоданд ва бар њар курсї њазор хон ва дар њар хоне њазор гуна таъом карданд…" Ва Раис пеши худ азм кард, то аз кишвару билоди Арабистону Афѓонистон, Эрону Покистон, Њиндустону Сарандеб дарахтони хурмову афлесун, мандарину ананасњо оварда, чун дар ќиссаи мазкур мешинонаду сабз мекунад дар боѓаш. Ва 7 моњ ин раванд тўл кашид. Анвои мухталифи дарахтон, гулу гулбуттаву гиёњњои тропикиву субтропикї аз хориљи кишвар овардаву сабз карда шуданд дар Боѓи Раис, ки њамакнун Боѓи Ирам ном гирифта буд он. Ва дар љўю рўду анњор бар ивази об шањду асал ва шир љорї гардид. Раис- Шокири Замин охирин пулњоро мушт-мушт ба њаво фишонда, ба зердастон амр кард: - Ѓулому канизакони хубрўю соњибљамол бихареду биёваред, то дар боѓ ба хидмат машѓул гарданд. Дар ин байн 70 маротиба намояндањои додгоњу додситонї мактуби шикоятии мардум дар даст мошинсавор ба идораи љамоат бањри тафањњуси њаќиќати њол омаданду… 70 бор бо пешнињоди маблаѓњои њангуфт ба пас гардонида шуданд. Шоме њамсару (Раис 150 зан дошт) писари бу-

Достони боѓи Ирам зургаш аз дур сухан кушода, интињо маддаи дилашонро кафонданд: - Мардак, њушатро дар сарат мон,-андарзхонї биоѓозид зани дўстдору кадбонуи писандидааш Моњрў. Хабару овозаи сохтмони боѓи нестандарљањонат ба љумла шањру вилоятњо ва мамолики дуру наздик пањн шуда. Дар болои боло дар бораи шаъну шавкату шукуњи раисиву маѓрурият њарф мезананд. Пич-пичу мишмишњо зиёди зиёд аст. Аз Подшоњ наметарсї, битарс аз Худой… - Њо, падар,-иловатан меафзуд писарбузурги Раис. Ин ќадар барои санљишу тафтиш аз Суду Прокураткра омадаву рафта истодаанд, оќибат ягон бало ба сарамон меояд. Раиси Шокир дар посух ба њамсару писарбузургаш аввал каме андешаманд хомўширо ихтиёр мекард, баъд нохоставу ногањонї механдид, баланд механдид, дурудароз механдид. То њадде, ки об аз чашмонаш мешорид ба бари рухсорањояш. Ва мастона бонг мебардошт: - Њамааш дар дасти худам. Њама дар кишвар ман, раиси Шокири Заминро мешиносад, касе пишакамро "пишту" мурѓамро "кишт" гуфта наметавонад. Њамаи њокимону амалдоронро мешиносам. Ња, ња, ња, њи, њи, њи… Ва хандаи љарангосиву марѓуладораш тирезањоро меларзонд, саќфи осмонро мељунбонд. Харгўшњои писари кўчакаш он шаб аз тарс дилкаф шуда мурданд. 300 харгўш дар як шаб ќолаб тињї карданд. Њазлу шўхї набуду нест ин њолати ѓариб! Ва сари субњи љумъаи њафтаи аввали моњи июл, њинни мевапазу харбузапаз савори мошини "??" бо думравонаш дар 17 мошини дигар Раис ба сўи Боѓи љадид, ки Ирам меномидандаш, равон гардид. Мошинњо дар њаракат буданду дили Раис хиљил буд. Мушаввашу гарангнамо ба заминњои ду тарафи роњ менигарист, ба ќасру кўшку марказњои тиљратї ба њамому бўстонсароњои муљаллалу музайян менигарист. Њамааш аз ўст, аз Шокири Замин аст. Аммо хоби дами мурѓфарёд дидааш чї рамзеву моњияте дорад? … Вай дар биёбоне сўхтаву беобу гиёњ, пойњо дар хомаи реги сурх дармонда, мехост ба пеш ќадам занад. Аммо боди туфонї намегузошт, ки аз љой биљунбад. Пайваставу мутассил мушт-мушт регу ќумро сахту башаст оварда, ба рўяш мезад. Чашмонаш дигар чизеро возењ

дидаву тафовут карда наметавонистанд. Як ваќт селаи мурѓони хориќуллодаву дањшатангез болои сараш дар парвоз омаданд ва садои њамчунон вањшатзое бароварда пару бол афшонда, паст фаромада, давру бари Раис чарх задан гирифтанд. Вай Шокири Замин, мулаќќаб ба "Хамелеон" марги хешро аёнї аз наздик медид. Оње кашиду меште регро ба сару рўяш пош дод. Дигар фарёдрасе дар ин гирду вано ба чашм наменамуд. Оќибат каргасони гуруснаи тезчангол ба ў дарафтоданд. Гўшти баданашро минќор мезаданду хун мешорид аз љумла аъзояш. Вай навмеду рўњшикаста овоз дардод, вале садояш дар пањнои регистони бекарона хомўш шуда рафт ва ваќте ки косаи чашмонаш мамлў аз хун мегардиданд, чун дар руъё, дар чаманзори дури уфуќ зану фарзандонаш, рамаи гову гўсфандон, мошинњои ќатор-ќатори хориљї, ќасру кўшку бўстонсароњо ва… мардумро бидид. Њамон мардумеро дид, ки замоне аз тарсу воњимаи ў наметавонистанд ба Шањри Калон, ба болои боло арз баранд. Њамон мардумеро дид, ки як умр барои ў ќасру кушк месохтанд ва… бо як зарби минќору чанголи лошахўрон косаи чашмонаш шикаставу манзарањо дар вусъати вопасин нигоњаш аз њам парешу хўрданд.. - Расидем,-овози котибаш ўро ба њуш овард. - Ана, марњамат! - Ња, ња,- сањл хаставу хафиф овоз баровард Шокир ва аз мошин фуромад. Чї мардумони зиёде љамъ омада буданд назди "Боѓи Ирам". Вай хост ќадам зада, ба пеш, ба сўи дарвозаи сар ба фалак кашидаи пурнаќшу нигор, ки зарњали рўйи он дар партави хуршеди сањаргоњї чашм мебурд, наздик шавад, дарро хуш кушода ба даруни боѓ ворид гардад ва ба њузуру бафурља аз шукўњу љалол ва рангобарангињои боѓ дидан ба амал ораду лаззату кайфияте барад. Нањру љўйњои пур аз ширу асалро бубинад, дарахтони тиллоиро бубинад, ламс кунаду бовар њосил намояд, ки њамаи он манзарањо дурўѓу маснўї нестанд. Ва аммо… Ду-се ќадам зада буд, ки 12 нафар мардони љиддинигоњи бадќавоќ, ки кастуму шими сиёњ дар тан доштанд, аз ду тараф ўро њалќавор печонданд. - Пеш дароед,- амр кард яке аз онон, шумо дастгир шудед. Бас аст аз њисоби мардум чаридану ридан… - Худаш чї гап?-аз њайрат воз шуд

дањони Раиси Замин, Шумо кистед ва чї њаќ доред, ки… - Тамом, тамом,- ба ў ёрои сухан гуфтан надода нињеб зад љавони дигаре. Фурсати шумо ба охир расид. Мањбас интизор аст шуморо. Пеш дароед! Танњо дар њмин њол, Шокири раис љиддї будани вазъиятро пай бурд ва рангаш докавор канд, рагу пояш суст шудан гирифт. "Инњо аз Кумитаи Амниятанд,- гузашт аз дилаш. Корро бало зад, тамом. Эњ… Вай ба сарвари гурўњи бехатарї рў овард: - Инсоф кунед, монед аќалан ман ба боѓ даромада, онро як бор тамошо кунам. Илтимос! - Не, ваќти шумо ба охир расида,-фањмонд сардори гурўњ. Фармони подшоњ аст, ки дар муддати 30 даќиќа дореду оваред Шокирро. Ва ў, нафасаш гирифтаву фишори хунаш баланд гардида, яку якбора аз ќиссаи Шаддод ёд овард, ки: "… Рўзе бо дувист ѓулом хост, ки дар бињишт равад. Чун наздики бињишт расид, ѓуломонро ба чањор майдон фиристод ва бо як ѓулом хост, ки дар бињишт равад. Чун ба остонаи бињишт расид, шахсеро дид, истода. Гуфт, ки ту кистї? Гуфт, ки ман Малакулмавтам. Гуфт: Ба чї кор омадаї? Гуфт: То ќабзи рўњи ту кунам. Гуфт: Маро муњлат дењ то бињишти худро як бор бубинам. Гуфт: "Туро ба Дўзах бояд рафт. Фармон нест, ки бињишт бинї". Гуфт: "Бигзор то аз асп фуруд оям" Гуфт: "Њукм нест". Як пой дар рикоб буд ва як пой ба остонаи бињишт, ки љони вай бардошт ва бињишт нодида дўзахї шуд…" Ва Шокири Замин "воњ" гуфта, низ бар замин парў афтид. Кормандони амният бардоштанду бурданд варо ба Шањри Калон. Ва касе надонист, ки Раис мурдааст ё њанўзам зиндааст…

P.S.

Ш. СУЊАЙЛ Пас аз гузашти њафтае бо супориши Подшоњ нисфи Боѓи Ирами Раиси Замин ба Хонаи ятимону бепарасторон табдил дода шуду нисфи дигараш ба мактаб. Ва мардум нафаси осуда кашиданд. Ва дигар касе аз Раиси Шокиру зулму бедодгарии ў ёде њам накард.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.