Шумораи №14, Озодагон

Page 1

Зайд Саидов рў ба сиёсат овард 

17 апрели соли 2013, №15 (275)

ozodagon@mail.ru

ЊАФТАИ ЊАМСОЯЊО

Роѓун ва асрори "марг"-и президент ЯК ЊАФТАИ ИЌТИСОД

Кї Тољикистонро фаќир кард? ДИДГОЊИ ЊАФТА

Якрў ЯК ЊАФТАИ ЉОМЕА

Љони мардум ба лаб омад? хабаргузории

Бег Зуњуров зидди парнография


2

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ИЌРОР

ЊАФТ ХАБАРИ ЊАФТА

ШАБДОЛОВ: ШОЊИДЇ МЕДИЊАМ, МОРО НАЊЗАТИ ИСЛОМЇ САРНАГУН НАКАРД

Шодї Шабдолов, раиси Њизби коммунисти Тољикистон ва вакили парлумон, дар нишасти Бунёди "Муколамаи тамаддунњо" дар бораи љанги дохилї, сарнагунии Њизби коммунист ва инчунин зудбоварии тољикон изњори назар кард. Ў дар ин сўњбати худ љанги дохилии Тољикистонро љанги тањмилї дониста ва афзуд, хориљиён аз зудбоварии тољикон дар ин замина истифода кардаанд. Вай илова кард, "шоњидї медињам, моро нањзати исломї сарнагун накард. Моро ягон демократ сарнагун накард. Моро худи Комитети марказї сарнагун кард. Моро Горбачеву Елтсин сарнагун кард..." Шодї Шабдолов њамчунин гуфт, миллати тољик њанўз пухта нашудааст ва зудбоварияш метавонад онро боз ба бозињои бузургтаре бикашад. Дар њоле ки ба бовари ў, бозињои пинњон њанўз хотима наёфтаанд.

ТАСМИМ

ПАЙВАНДОНИ ГУЛМАМАДОВ АЗ ХИДМАТИ АДВОКАТИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ ДАСТ КАШИДААНД

Пайвандони Атобек Гулмамадов, ки аз љониби маќомоти Русия "наркобарони калон" арзёбї мешавад, аз хидмати вакили мудофеъ ё худ адвокати давлатии Русия даст кашидаанд. Гулчењра Гулмамадова, хоњари Атобек, дар сўњбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, барои дифои манфиатњои бародараш њуќуќшиноси тољиктабори Русия, Шарбатулло Содиќовро кироя кардаанд. Вай гуфт, далели иваз кардани вакили дифоъ ин аст, ки мехоњанд бародари худро то њадди имкон њимоят кунанд ва боварашон ба Соддиќов бештар аст. Хонум Гулмамадова, аз ќавли Ренат Курамшин, муфаттиши парвандаи Атобек хабар дод, ки њоло тафтишоти парванда идома дорад ва санаи баррасии додгоњии он њанўз рўшан нест. Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шањрвандии Тољикистону Русияро дорад, моњи декабри соли гузашта аз љониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рўзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Маќомоти рус Гулмамадовро дар ќочоќи мухаддирот дар њаљми махсусан калон муттањам карда, вайро аз љумлаи калонтарин "наркобаронњо" арзёбї мекунанд. Акнун дар сурати исботи гуноњњои пешгузоштаи маќомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар њабси абад интизор аст.

НИГАРОНЇ ДАР СЕ МОЊ 40 ЊАЗОР ЗАНИ ТОЉИК БА МУЊОЉИРАТ РАФТААНД

ДОДГОЊИ ДУБАЙ ЊУКМИ ЌУВВАТОВРО 14 АПРЕЛ ЭЪЛОН ХОЊАД КАРД

Додгоњи Дубай њукми нињоии Умаралї Ќувватов, рањбари созмони сиёсии "Гурўњи 24"-ро 14-уми апрели соли љорї эълон хоњад кард. Дар ин бора Николай Николаев, вакили мудофеи Ќувватов, хабар дод. Ба ќавли ў, "њангоми ќабули ќарор фишор аз љониби корпуси дипломатии Тољикистон эњсос мешавад. Вазифаи эњтимолии дипломатњои тољик он аст, ки муњлати будубоши Ќувватовро дар Аморати Муттањидаи Арабї њарчи тўлонитар кунанд". Николай Николаев њамчунин ваъда дод, ки ба наздикї њуљљатњои Ќувватовро дар сањфаи фейсбукии худ љой медињад. "Њар нафари њоњишманд метавонад хулосаи худро оид ба раванд ва ќарори додгоњ барорад", -гуфт ў. Умаралї Ќувватов, ки дар гузашта масъули ширкати Фароз буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии "Гурўњи 24" хабар дод. Ў худро мухолифи њукумати кунунии Тољикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моњи ноябри соли љорї президент Рањмон иштирок накунад. Аммо баъдан моњи декабри соли гузашта ў дар фурудгоњи Дубай бо дархости љониби Тољикистон боздошт гардид. Маќомот ўро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатњои "Тољирон"-у "Фароз" ва шарикони онњо муттањам мекунанд.

ЗОИРОВ: "ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ЊАЌ НАДОРАД, БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД"

МАВЌЕЪ

Њизби умумимиллии сотсиал-демократи Тољикистон бо пахши як изњорот эълон кард, ки раисиљумњури феълї Эмомалї Рањмон дар интихоботи моњи ноябри соли љорї наметавонад номзадиашро ба маќоми раёсати љумњурї пешнињод кунад.

Ин изњорот рўзи 7-уми апрели соли љорї пахш шуда, дар он далелњои ин њизб, ки чаро љаноби Рањмон наметавонад дигарбора ба њайси номзад вориди сабќати интихоботї шавад, оварда шудааст. Рањматулло Зоиров, раиси ЊУСДТ, ба "Озодагон" гуфт, бино бар ќонунњои Тољикистон як шахс наметавонад беш аз ду бор пайињам президент интихоб шавад. Зоиров он изњоротро, ки гўйё Эмомалї Рањмон бо

иловаи таѓйиру иловањо ба банди 4 моддаи 65-уми Ќонуни асосї дар моњи июни соли 2003 имконият ба даст овардааст, ки то соли 2020 президент бошад, "миф" хонд. Зоиров таъкид кард, ки мањз банди 4-и моддаи 65-уми Конститутсия муайян намудааст, ки як шахс наметавонад, беш аз ду бор президент шавад. Зоиров таъкид мекунад, ки салоњияти президентии Эмомалї Рањмон њанўз соли 2004 ба анљом расида буд, чун соли 1999-ум ў на барои 7 сол, балки барои 5 сол президент интихоб шуда буд. Ба гуфтаи Зоиров, замони интихоботи президентии соли 1999 муќаррароти Сарќонун аз соли 1994 амал мекард, ки муњлати президентиро 5 сол муайян намуда буд. Интихоботи раёсати љумњури Тољикистон ќарор аст моњи ноябри соли љорї баргузор гардад. То кунун танњо Њизби њокими халќї-демократии Тољикистон эълом кардааст, ки бо номзади худ вориди сабќат хоњад шуд, ки он њам раисиљумњури кунунї Эмомалї Рањмон аст.

ДОДХОЊЇ ВАЗИР ПАЙДО НАШУДАНИ МАЛИКАВУ САБИНАРО КАМБУДИ ГУРУЊИ ОПЕРАТИВЇ ГУФТ

ТАШВИШ

Дар 3 моњаи аввали соли равон аз Тољикистон 268 њазору 655 нафар ба муњољират рафтаанд.

Вазири умури дохилии Тољикистон генерал-лейтенанти милитсия Рањимов Рамазон, аз рафти корњои љустуљўї барои дарёфти Малика ва Сабина, ду ноболиѓи гумшуда дар Душанбе изњори нигаронї кардааст.

Тавре аз Хадамоти муњољирати Тољикистон ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд, аз шумораи нафароне, ки тайи ин муддат кишварро тарк намудаанд, 228 њазору 733 нафараш мард ва 39 њазору 922 нафарашон зан мебошанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 3 моњ аз шањри Душанбе 21 њазору 142 нафар, аз навоњии тобеи љумњурї 57 њазору 63 нафар, аз вилояти Суѓд 77 њазору 394 нафар, аз вилояти Хатлон - 98 њазору 898 нафар ва аз ВМКБ 14 њазору 158 нафар ба хориљи кишвар сафар намудаанд. Дар ин муддат аз хориљи кишвар 146 њазору 552 шањрванди Тољикистон ба Ватан бозгаштаанд, ки аз ин шумора мардњо 117 њазору 886 ва занњо 28 њазору 666 нафар мебошанд. Манбаъ илова намуд, ки ба шањри Душанбе беш аз 14 њазор, ба НТЉ 36 њазору 100, ба вилояти Суѓд 27 њазору 918, ба вилояти Хатлон беш аз 57 њазор ва ба ВМКБ 11 њазору 225 нафар баргаштаанд. Масъулини Хадамоти муњољират мегўянд, дар асоси ќарори Њукумати Тољикистон аз 1 августи соли 2008 дар њамаи гузаргоњњои сарњадї ва фурўдгоњњои љумњурї бањисобгирии рафту омади пурраи шањрвандонро тавассути вараќаи баќайдгирии муњољиратии шањрвандони кишвар ба роњ мондаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилї ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд Рањимов њисоботи гурўњи махсуси оперативиро, ки бо фармони алоњида барои љустуљўи ноболиѓон Аралова Малика ва Аралова Сабина таъсис дода шуд, шунида, таъкид кардааст, ки ин гуруњ ба камбудињо роњ додааст. Вазир афзудааст, ки мањз камбудињо дар кори оперативї-љустуљўї боис шудаанд, ки то њол натиљаи дилхоњ ба даст наомадааст. Рамазон Рањимов ба гурўњи оперативї барои пайдо намудани ноболиѓон муњлат дода, онњоро муваззаф кардааст, ки корњои љустуљўиро пурзўр намоянд. Малика ва Сабина Араловањо, ки яке панљ ва дигаре шаш сол доранд, рўзи 25-уми март, таќрибан соати 16:00, аз кўчаи Айнї бедарак шудаанд. Тимур Аралов, падари Малика Аралова, дар суњбат бо "Озодагон" гуфта буд, ки кўдаконаш чун њарваќта барои бозї баромада бедарак шудаанд: "Њоло мо гуфта наметавонем, ки онњоро дуздидаанд ё худ ба љое рафта роњгум задаанд. Мо тамоми хонањои хешутаборро пурсуљў кардем, њамсояњо њам суроѓ мекунанд, тамоми тањхонањои биноњои истиќоматии наздик ба мањали зистамонро кофту коб кардем, маќомот њам дар љустуљў аст, вале мутаассифона њоло онњоро пайдо накардаем".

Њикмати њафта

НИЊОЯТ

ШИКОЯТИ ЯК ДОНИШЉЎИ ДОНИШГОЊИ ТЕХНИКЇ АЗ "ОБЛАВА" Як донишљўи Донишгоњи техникии Тољикистон ба "Озодагон" тамос гирифта гуфт, гурўње аз кормандони комиссариати њарбии ноњияи Синои пойтахт ўро "облава" кардаанд. Шералї Нодиров мегўяд, "њарчанд донишљў будани худро ба онњо мефањмондам, аммо ба гапњоям гўш намедоданд". Ба ќавли вай воќеа дар наздикии БДА (ГАИ), мањаллаи 33-юми пойтахт, ба амал омадааст. "Онњо 5 нафар буданд ва маро ќапида ба дохили "Тангем" маљбур савор карданд. Ваќте ба љонишини деканамон занг заданї шудам, маро рањо карданд. Чунин амал на танњо бо ман, бо дигар љавонњо низ рух додааст, ки худ шоњидаш будам",-афзуд мусоњиби мо. Шикояти ин донишљў аз "облава" дар њоле садо медињад, ки бар асоси ќонунњои Тољикистон донишљўён то замони хатми тањсил ба сафи нерўњои мусаллањи кишвар ва гузашта аз ин ба таври "облава" љалб намешаванд.

Њамаи рўйдодњои зиндагият, бозтоби андешањои туст.

Марк Фишшер


МАВЗЎИ ЊАФТА

№14 (274) 10 апрели соли 2013

3

Интеллектњо, "њизби кисагї" ва ё воќеъият. Он њам "Тољикистони нав" Эълони таъсиси њизби нав њафт моњ ќабл аз интихоботи раёсатљумњурии Тољикистон сару садоњои зиёдеро дар љомеаи кишвар ба бор овард. Гуруње аллакай ба он тамѓаи "њизби кисагї"-ро зада, ќисме дар намои он раќиби љиддии њизби њоким (ЊХДТ)-ро дидаанд. Њизби нањзат њам гуфта, "Тољикистони нав" метавонад раќиби аслияш бошад. Ин эњтимол њам мављуд аст, ки дар сурати ба маќоми президентї пешнињод шудани номзадии роњбари њизби нав бархе аз ањзоби мухолиф аз ў љонибдорї намоянд...

Абдулазизи ВОСЕЪ Умед ба оянда? Эълони таъсиси њизби нав як андоза ѓайримунтазира буд. Субњи шашуми апрел, рањбарон ва масъулини нашрияву хабаргузорињо ба як мулоќот даъват шуданд. Пас аз чанд лањза хабари таъсиси як ташаккули нави сиёсї бо номи њизби "Тољикистони нав" дар расонањо ба нашр расид. Чизе, ки бештар аз њама сабаби фикру андешањо гардид, дар раъси њизби нав ќарор гирифтани соњибкори шинохта Зайд Саидов буд (њарчанд сухан дар бораи гуруњи ташаббускор меравад), ки дар чанд соли охир худро аз сиёсат канор мегирифт. Зайд Саидов, ки њоло Шўрои њамоњангсозии Ассотсиaтсияњои соњибкорон ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистонро роњбарї мекунад, аз моњи июни соли 2002 то 2007 дар маќоми вазири саноати Тољикистон нишаста буд. Сабаби ба сиёсат баргаштанашро мешавад аз эъломияи њизб љуст. "Љомеаро ноумедї ба ояндаи бењтар фаро гирифта истодааст. Нерўи ќобили мењнат ва аќлонї торафт кишварро тарк мекунад ва умуман муњити имрўзаи сиёсї ва иќтисодї ва иљтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рўњияи нав, ќадами нав, ташаббуси нав ва ташаккули нав ниёз дорад. Мо талош мекунем, ки неру, зењн, тахассус ва талошњоямон барои ободии кишвар ва ба њамин самт равон сохтани неруњои созандаи љомеа сарф гардад. Аз ин рў, Тољикистони

нав чорчўби бањамовардаи шахсиятњо, нигоњњо, истеъдодњо, идея ва имкониятњои созандаи миллї мебошад". Љомеаи имкониятњои баробар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз ањдофи аслии њизб гуфта мешавад. "Њамватаноне, ки љонибдори шарафи инсонї, зиндагии шоиста ва рушди иќтисодї мебошанд; њамватаноне, ки мухолифи бебарќї, бекорї, бесаводї, бесалоњиятиянд; њамватаноне, ки мухолифи фисќу фасод, коррупсия, поймол шудани ќонун ва мањалгарої мебошанд, љонибдори Тољикистони нав њастанд",-омадааст дар эъломия. Зимнан, аз "Тољикистони нав" ба унвони "њизби интеллектњо ва иќтисоддонњо" ном мебаранд. Бештари саркардањои он номзадњои илм будаанд. Шавкат Бозоров, Абдулѓанї Мањмадазимов, Мањмудљон Ќосимов, Љамшед Њафизов, Мављуда Соњибназарова ва Бахтиёр Бањодуров аз љумлаи ташаббускорон ва ё њамон муассисонанд. Масъулини "Тољикистони нав" гуфтаанд, ба зудї санади лозим барои ќайди давлатиро ба Вазорати адлия пешнињод хоњанд кард. Њоло дар Тољикистон, ки чизе бештар аз 8 миллион ањолї дорад, њашт њизб расман фаъолият мекунад ва талошњои чанд њизб, назири њизби љавонон, њизби Вањдат ва љунбиши миллї барои сабти ном шудан, бенатиља анљом ёфт.

Роњ ба суи сабти ном... Дар њамин њол маълум нест, ки "њизби интеллектњо" сафи ањзоби расмиро ба нуњ мерасонад, ё дар фењрасти ањзоби дар интизори дарёфти санади расмї ќарор мегирад. Бо ин њол, дар арафаи интихоботи президентї эъломи таъсиси њизби сиёсї боиси овозањо ва сару садоњои зиёде шудааст.

Дар шабакањои иљтимої ин хабар бањси гармеро њам ба вуљуд овард. Файзинисо Воњидова, њуќуќдони маъруфи тољик навишта, ки шахсияти вазири собиќи саноат барои љомеи тољик ошно буда, ба унвони як вазири уњдабаро, реформатор ва мутахассиси касбї шинохта шудааст: "Шахсияти пешвои њизби нав њеч шубњае надорад, аммо шубња дар он аст, ки чаро чунин тасмим мањз дар пешорўи интихоботи президентї гирифта шуд",суол мекунад вай. Дар идома меафзояд, ки танњо ваќт метавонад гумону тахминњоро аз байн бубарад, ки њизб супоришї аст, ё воќеан тасмими љиддї: "Агар њизби нав бе ягон мушкил ба ќайд гирифта шавад, пас маълум мегардад, ки ин давоми њамон бозињои сиёсии соли 2006 аст, ки пеш аз интихоботи президентї якбора ду њизби нави сиёсї бе мушкил ба ќайд гирифта шуда, њатто тавонистанд бидуни монеъа намояндаи худро номзад ба мансаби президентї пешбарї намоянд ва аз ин сабаб, њамчун "њизбњои кисагї" ном гирифтанд. Агар њизби Зайд Саидов ба ќайд гирифта нашуда, мушкилот эљод шавад, пас ба љиддияти ин тасмим мешавад бовар кард. Ин фикри шахсии ман аст". Ба бовари хонуми Воњидова дар Тољикистон фазои озоди фаъолияти соњибкорї вуљуд надошта, тиљорат бо њар роњ буѓї карда мешавад, маќомоти андоз бо санљишњои расмию ѓайрирасмї ба фаъолияти тољирони маъруф мушкил эљод мекунанд "шояд Зайд Саидов барои пуштибонии тиљораташ бо њукумат ба мувофиќа расида бошад, ки дар арафаи чорабинии сиёсї як "хизмати хирсона" бикунад". Шерзамони Алим, як масъули баландпояи ЊУСДТ бошад, менависад, ки "шояд њизби навро ба ќайд нагиранд ва вона-

муд кунанд, ки мушкил эљод шудааст. Аз дусар дар арафаи интихобот диќќати интихобкунандаро ба дигар тараф мекашанд ва сафи мухолифонро, ки бе ин њам пароканда аст, прокандатар мекунанд. Дар њар њолат дар чунин маврид ин "ташаббус" ба фоидаи њукумат анљом хоњад ёфт".

Истиќбол аз «Тољикистони нав» Сафири ИМА дар Тољикистон њам дар сўњбат бо хабарнигорон гуфт, таъсиси њизби нав шароити мусоиди интихоб барои инсонњоро фароњам хоњад овард ва аз ин рў аз он истиќбол мекунад. Сюзан Эллиотт гуфта "њарчанд дар бораи ин њизб ва идеяву барномаи он чизе намедонам, аммо имкони интихоб ба вуљуд омадааст, ин хабари хуб мебошад". Дар мавриди тасмими таъсиси њизби нав ањзоби сиёсї низ бетарафї ихтиёр накарданд. Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон аз таъсиси њизби "Тољикистони нав" истиќбол кард. Аммо дар суњбат ба "Озодагон" вай гуфт, то куљо нерўи сиёсии воќеї будани онро ваќт нишон хоњад дод. Ба гуфтаи райиси ЊНИТ агар њизби "Тољикистони нав" воќеан мустаќил бошад, метавонад дар оянда на танњо ба-

рои ЊНИТ, балки барои њамаи њизбњо раќиби љиддї бошад: "Аммо ин маънои онро надорад, ки мо нуфузи худро аз даст медињем. ЊНИТ электорати худро дорад",-афзуд вай. Амният Абдулназаров, як аъзои фаъоли ЊУСДТ иддао дорад, ки таъсиси "Тољикистони нав" дар остонаи интихоботи президентї бозие беш нест ва имкон дорад, ќаблан бо маќомот тарњрезї шуда, бе ягон мушкилї сабти ном гардад: "Њамзамон метавонад дар интихоботи раёсати љумњурї низ ширкат кунад ва мисли бархе ањзоби дигар пас аз интихобот ќадрдонї шавад. Дуюм ба таъкиди ташаббускорони њизби мазкур, онњо њеч гуна амбитсияи идоракунї надоранд ва танњо дар њалли мушкилоти иќтисодии Тољикистон талош хоњанд варзид." Аммо тибќи ќонунгузории Тољикистон танњо њизбе њаќќи пешбарии номзади худро дорад, ки на камтар аз як сол то интихоботи президентї сабти ном шудааст. "Тољикистони нав" дар сурати аз ќайд гузаштан наметавонад номзади худро дар интихоботи моњи ноябр пешбарї кунад, вале њаќќи аз номзадњои дигар пуштибонї карданро дорад. Њоло душвор аст, бигўем, ки он аз номзади кадом њизб пуштибонї мекунад.


4

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ДИДГОЊИ ЊАФТА

Я крў Ў

Ў як комунист аст, шояд атеист низ бошад, аммо эњтиромаш пеши ман аз дањњо вакили мусулмонзодае, ки худро мусалмону боимон мешуморанд, болотар аст. Миёни 62 вакили Маљлиси намояндагон танњо вай ва Муњиддин Кабирї њастанд, ки ба садои виљдони хеш гўш медињанд. Ангор танњо ин ду нафар намояндаи мардуми тољик бошанд. Фаќат ин ду нафаранд, ки тарњњои ќонунњои аз љониби њукумат пешнињодшударо ба баррасї мекашанд ва ба он лоињањое, ки бар зарари мардум тамом мешаванд, мухолифат мекунанд. Ин ду нафаре, ки дидгоњу аќида ва арзишњояшон тамоман мухолифи њамдигаранд, вале дар ин лањзањо њамсангар ва њамназар мешаванд. Аз як тараф љонибдорї мекунанд, он њам љониби мардум. Тарфдории мардумеро мекунанд, ки худ њазор дард дораду аммо вакилонаш гоњњо барояш бо ќонуну ќарорњои аљибу ѓарибе мушкили тоза эљод мекунанд.

Азизи НАЌИБЗОД Аслан, љои тавсиф надошт, агар вакилони дигар низ њамчунин мебуданд, зеро вазифаашон намояндагї аз мардум ва пуштибонї аз манофеъи онњост. Аммо маѓзи сухан њам инљост, ки дигар вакилон чунин нестанд. Онњо ваќте, якдилона ба тарафдории ќарорњое, ки бар хилофи суди мардум аст, тугма пахш мекунанд, нидои виљдонро намешунаванд ва заъфи имонашонро ба намоиш мегузоранд. Охир як нафар мусалмоне, ки имони ќавї дорад, чи гуна

метавонад ба тарафдории ќонунуне, ки алайњи фармудањои Худост овоз дињад? Чунин менамояд, ки онњо на танњо халќро пеши назар намеоранд, эшон ин лањза фарзандону пайвандони худро низ, ки љузъе аз њамин мардуманд, гўё фаромуш мекунанд. Шояд замони тугмапахшкунї пеши назарашон танњо имтиёзњои вакилї љилвагар шаванд. Тааљљубовар аст, ки дар њамин њолат Худо ёдашон меомада бошад? Шубња дорам. Шояд дарк кардед, ки дар хусуси кї њарф мезанам? Бале, ў Шодї Шабдолов, раиси њизби коммунисти Тољикистон аст. Њамоне, ки дар парлумон чанд сол ќабл ба фаъолияти ширкати пулчинаки IRS мухолифат намуд. Дар њоле ки дигарон аз тарс на танњо ба фаъолияташ ризоият доданд, балки имтиёзњое бузурге низ барояш фароњам

оварданд. Касе аз онон напурсид, ки ин ширкат, ки аз њама беваву бечора, ночору нодор, ранљуру бемор пул мегирад чї манфиате ба ин халќу миллат дорад? Вале Шабдолов то имрўз якрў боќї монд. Њарфи дили худ ва ќалби мардумро гуфт. Њамин Шабдолови коммунист буд, ки ваќте парлумон ќонунњои мухолифи шариат ќабул кард, зидди тасвиби чунин ќонунњо баромад. Яъне, фикри бародарони њаммењани мусалмони худро кард. Шунидам, ки гурўње аз милисањо ваќте супориш гирифтаанд, ки дар бархе аз марказњои савдои Душанбе ба намозгузории соњибкорон монеъ шаванд, аз њамдигар пурсидаанд, ки "фар-

до пеши Худо чї хоњем гуфт?". Ва нишони азоби виљдон дар чењрањои милисањо њувайдо будааст. Њоло суол инљост, ки оё дар дили вакилони тољик заррае чунин эњсос боќї монда аст? Аксариятро намедонам, вале гуфтор ва рафтори Шабдолов гувоњї медињад, ки шарорањои виљдон дар дилаш рўшан аст. Ќариб њар сол парлумон бо хоњиши њукумат ба баъзе аз ширкатњо имтиёзњое мисли озод намудан аз андоз ва бољи гумрукї медињад. Ба назар мерасад, ки барои аксар вакилони парлумон њеч ањамият надорад, ки он корхона чї ширкатест ва оё барои мо манфиаташ бештар аст, ё зарараш. Ба ќарибї парлумон ба ширкати "Осиё экс-

прес" имтиёз дод. Боз њам Шабдолов буд, ки садо баланд кард: "Чаро мо ба ширкате имтиёз дињем, ки ба љои осон намудан, кори моро мушкил мекунад. То њол таксињои худї моро бо 3 сомонї мебурданд, имрўз таксињои ин ширкат бо 25 сомонї мебаранд". Ваќте парлумон масъалаи ба гарав мондани њуќуќи истифодаи заминро баррасї мекард, ин бор њам Шабдолов гуфт: "Бародарон њуќуќ як мафњуми арзишї аст, мисли шараф, мисли номус. Чї гуна метавон шарафро ба гарав гузошт ё фурўхт?" Ба назарам чунин менамояд, ки њарфи дилу забони ин сиёсатмадор як аст. Фикру аќидаи худро дорад ва бо хоњиши дили худ рафтор мекунад, на мисли дигар вакилону сиёсатмадорон ва зиёиёни мо, ки аз гуфтани аќидаи хеш мењаросанду аќидаи дигаронро тарѓиб мекунанд. Шабдолов берун аз парлумон њам хилофи виљдон њарф намезанад, дурўѓ намегўяд, њарчи буд њамонро ба забон меорад. Имрўз њарчанд аз имзои созишномаи сулњи тољикон 16 сол сипарї шуда бошад њам, мансабдорону сиёсатмадороне гоњ бо ишораву гоње њам рўирост як љониби сулњро сабабгори љанги шањрвандї унвон мекунанд. Шодї Шабдолов дар суњбати охираш ба он ишора кард, ки давлати Шўравиро худи сарваронаш аз Маскав барбод доданд. Инљо њеч гуноњи неруњои демократї набуд. Љанги шањрвандиро низ кишварњои манфиатдор ба миён оварданд, на нањзатињову демократњо. Њарчанд эроду эътирозњои Шабдолов ва Кабирї дар парлумон ба љое намерасанд, њарчанд аз буданашон дар парлумон таѓйиру тањаввуле намешавад, вале буданашон моро умедвор мекунад: Њануз рўњи ин миллат зинда аст!

CЕ ДИДГОЊИ ЊАФТА

Камрангии таъсири ањзоб дар Тољикистон чї сабаб дорад? Исмоил РАЊМАТОВ,

Парвиз МУЛЛОЉОНОВ,

Лоњутї САФАРОВ,

коршиноси масоили сиёсї

сиёсатшинос

масъули Маркази тадќиќоти стратегї

А

ЛБАТТА камрангии фаъолияти ањзоби сиёсї дар љомеаи мо барои њамагон маълум аст. Андешаву мавќеъгирии рањбарони ањзоби мухолиф дар расонањои хабарї мунташир мешавад. Онњо талош доранд, то мардумро аз маќоми худ огоњ кунанд. Вале аќидаву мавќеъгирии онњо аз љониби њукумат ба назар гирифта намешавад. Маќомоти давлатии мо кўшиши ќабул кардани андешањои мухолифинро надоранд. Онњо намехоњанд, ки интиќод аз рафти фаъолияташон зиёд бошад, аз њамин хотир њукумат ба ќабули пешнињодот ва мавќеъи мухолифин њавасманд нест. Чунки тамоми бахшњои давлатдорї дар кишвари мо ба фасод олуда њаст. Мухолифин, аз љумла њизбњои сиёсї аз маављудияти ин падидаи номатлуб интиќод мекунанд, ки афроди сари мансаб ва ќудрат буда онро нодида мегиранд. Гуногунандешї дар љомеаи мо бояд љой дошта бошад, зеро он боиси рушди бахшњои давлатдорї мегардад. Аммо њамин гуногунандешии њизбњои мухолифро њукумати Тољикистон умуман ќабул надорад.

М

О наметавонем гуфта, ки дар љомеаи мо танњо мавќеъгирї ва андешањои њизбњои мухолифро ќабул надоранд. Њукумати кишвар андешаву талошњои созмонњои ѓайрињукуматиро низ нодида мегирад. Мушоњида нишон медињад, ки њизбњои сиёсї ва созмонњои ѓайрињукуматї фаъолтар нисбат ба маќомоти давлатї њастанд. Аз љониби дигар сабаби ба инобат нагирифтани мавќеъгирии ањзоби мухолиф дар раванди сиёсии кишвар дар он аст, ки њизбњои мо худ заминаи молї барои фаъолияти густарда надоранд. Барномањои дурнамо надоранд. Барои рушди љомеа њаракат бояд аз ду љониб бошад. њам аз љониби ањзоби мухолифин ва њам аз љониби давлат. Онњо бояд њамкориро миёни њам ба роњ бимонанд. Њамкории њукумат бо ањзоби мухолиф ва ба инобат гирифтани пешнињодоти онњо як вижагии њар љомеаи пешрафта мебошад. Дигар роње барои рушд нест. Дар њар кишвар њукумат афкори љомеаро ба инобат мегирад. Вале дар Тољикистон ин њамкорї ба роњ монда нашудааст.

Б

ОЯД гуфт, ки аз 8 њизбе, ки расман дар Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст, 5 -тои он дар парлумон намоянда дорад. Њизбњои сиёсї замоне дар љомеа маќом пайдо мекунанду њукумат ба њарфи онњо гўш медињад, ки агар онњо дар барномањои худ дар робита ба вазъи сиёсї, иќтисодї ва иљтимої баъзе аз ислоњотро пешбинї карда бошанд. Њизбњои сиёсї дар барномањои худ бояд манфиатњои мардумро ба инобат бигиранд. Ба назари ман њамкории њукумат бо ањзоби мухолиф ба роњ монда шудааст. Барои мисол МТС бо ањзобе, ки дар барномањояшон нисбат ба рушди љомеа ва дурнамои давлатдорї зикр кардаанд, њамкории устувор дорад.


№14 (274) 10 апрели соли 2013

МАВЗЎИ МУЊИМИ ЊАФТА

5

Љони мардум ба лаб омад? Њумайрои БАХТИЁР

Тазоњуроти мардуме, ки…. 6-уми апрел гурўње аз шањрвандон бо нишони эътироз дар назди бинои сафорати Амрико ва маъмурияти СММ дар Душанбе гирди њам омаданд. Тазоњургарон аз истирдоди Абдулмалик Абдуллољонов ба ИМА нигаронї карда, талаб доштанд то номбурда ба Душанбе фиристода шавад. Эътирозгарон мегуфтанд, ки бинобар сабаби даст доштани Абдулмалик Абдуллољонов дар чанд љинояти вазнин, аз љумла дар њамкорї бо полковники шўришгар Мањмуд Худойбердиев ва куштор масъулини њукумати Амрико ўро бояд ба Тољикистон истирдод кунанд. Њамоиши мардум дар ду минтаќаи Душанбе ва ин њам дар як рўзу бо як даъво хабари ѓайриоддї буд. Албатта баргузории тазоњурот ва бо чунин дархост бояд, ки аз љониби љомеа њамчун як падидаи мусбат ќабул карда мешуд. Аммо ин гирдињамої саволњои зиёдеро ба вуљуд овард, ки кас ба худљўш будани он шубња мекунад.

Чаро пулис зуд чора наандешид? Чї шуда, ки якбора гурўњи шањрвандон ва он њам занону љавонон ба хотири таслими Абдулмалик Абдуллољонов, нахуствазири пешин ва номзад ба маќоми президентї дар соли 2004 њамакнун садо баланд карданд? Дар кишваре, ки маќомот аз баргузории њама гуна намоишњои эътирозї њазар доранд, чаро барои пароканда кардани эътирозгарон чорањои "фаврї" наандешиданд? Дуруст, њамоиши мазкур дер давом накард. Вале худи њамин њодисаи љамъ шудани мардумро бо аксу њар гуна шиорњо дар шањри Душанбе ва он њам бидуни иљозаи расмї, ки кормандони амниятї ва њифзи њуќуќ онро зуд ба инобат нагирифтаанд, тааљубовар аст. Чунки дар хиёбонњои марказї, ба хусус дар назди сафорати Амрико кормандони њифзи њуќуќ њамеша фаъол буда, дар оддитарин њолатњои љамъшавии мардум, зуд дахолат мекунанд. Баргамердем ба масъалаи талоши мардум барои барќарор кардани адолати додгоњї. Тибќи иттилоъ тазоњуркунандагон танњо як дархост доштанд, ин баргардонидани Абдуллољонов ба хотири барќарор кардани адолати додгоњї буд. Дар наворњо занон даъво аз он доштанд, ки чаро Абдуллољоновро ба Тољикистон, ки кишвари мустаќил

њаст, таслим накарданд. Дар љавоб ба суол, ки чаро занону љавонон мањз дар назди бинои сафорати Амрико ва СММ љамъ шуданд, як зани тољик бо тааљуб мепурсад, ки чаро њангоми боздошт ва рањо кардани Абдуллољонов љомеаи байналмиллалї мавќеъи маќомоти тољикро ба инобат нагирифт? Занон аз он мегуфтанд, ки назди сафири Амрико дар Тољикистон танњо ба хотири маслињат омада, онњо ќасди барпо кардани љангеро надоранд. Дар њамин лањза зани дигар даъво мекунад, ки ин Абдуллољонов хостори такрори љанг дар Тољикистон буда, нигаронии эшон њам танњо аз њамин аст. Аз пурсиши бо роњнамоии кї љамъ шудан дар назди сафорат, занон якбора садо баланд мекунанд, ки ин як њамоиши худљўш буда, онро бо хости худ ташкил кардаанду, паси парда нафаре ё гурўње ќарор надорад.

Тазоњуроти довталабона ва воќеъияти кишвари мо Шунидани ин њарфњову дидани чунин њамоише барои љомеаи Тољикистон тааљубовар аст. Барои љомеае, ки мушкилоти аз ин љиддї љой дошта, садњо сабаби дигар барои рехтани мардум ба хиёбонњо вуљуд дорад. Чї гуна метавон ба довталабона будани ин эътироз бовар кард, ваќте барои барќарор кардани адолат дар бахшњои дигар мардум чунин талош надоранд. Чаро ваќте њукумат ќарорњои зидди мардумї роњандозї мекунад, љомеа аз он оташин шуда, барои риояи адолат дар паси дарњои маќомоти давлатї гирдињам намеоянд.

Рўшанфикрон ва коршиносон дар њар сўњбати худ ишора ба сабри мардуми тољик мекунанд. Аммо аљиб аст, ки ин косаи сабр якбора ба хотири таслим накардани Абдулмалик Абдуллољонов лабрез шуд. Чунки њолатњои эњтимоли ба хиёбон баромадани мардум бо нишони эътироз дар љомеаи мо кам набуданд. Инљо чанде аз чунин њаводисро номбар мекунем: 1) Шуруъ мекунем аз мушкилоти таъмини мардум бо барќ. Бештар аз 10 сол мешавад, ки мардуми тољик танњо дар рўзњои гармї комилан бо барќ таъмин буда, боќимонда рўзњо дастрасї ба он надоранд. Таќрибан се сол ќабл мањдудияти барќ дар таваллудхонањо бойиси марги чанд тан навзод гашт. Албатта ин иттилоъ аз љониби маќомоти давлатї комилан рад карда шуд. 2) IRS. Бештар аз се сол мешавад, ки ширкати мазкур дар роњи Душанбе - Варзоб фаъолият дорад. Се сол аст, ки мардум аз падохти маблаѓ ба ширкати IRS шикоят доранд. Гузашта аз ин гурўње аз њуќуќшиносон ва коршиносон њам мегўянд, дар њолати мављуд набудани роњи алтернативї ба роњ мондани роњи пулакї ѓайриќонунї мебошад. Аммо парлумони Тољикистон на танњо ба ин ширкат иљозаи фаъолият дод, балки IRS аз чанд имтиёзи давлатї низ бархурдор гардид. Чанд маротиба мардуми Варзоб аз пулакї гардидани роњ эътироз карданд. 3) Якбора сад дарсад гарон шудани роњкиро ва нархи озуќа дар соли 2011 бойиси нигаронии шањрвандон гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо гароншавии роњкиро ва озуќа моњонаи шањрвандон бетаѓйир монда буд. Ин

амал бойиси нигаронї гардида, гурўње аз коршиносон бар ин назар буданд, ки дар сурати эътирози мардум ин ќарор лаѓв хоњад шуд. 4) Анљоми амалиёти низомї дар манотиќи Тољикистон танњо ба хотири дастгир кардани чанд афроди гумонбар барои њукумат низ бойиси нигаронии мардум шуд. Амалиёти низомї дар манотиќи Ѓарм ва Бадахшон далели ин гуфтањост. Агарчї аз роњандозии ин амалиёт сокинони Бадахшон дар шањри Хоруѓ ва Вашингтону Маскав эътироз карданд. 5) Давоми чанд соли охир илова бар мушкилоти иќтисоди масъулини њукумат дар талоши эљоди мањдудиятњои мазњабї низ њастанд. Манъи ибодат дар љойи кор ва муассисањои таълимї, ба бар кардани либоси суннативу гузоштани риш ва чанд мушкили ба ин монанд дар чанд соли ќабл бањсњоеро ба вуљуд овард. Аммо мардуми тољик ба ин њам тањаммул карда, ба хотири дифоъ аз манфиатњои мазњабиашон ба хиёбон набаромаданд. Њамзамон масоиле ба монанди боло бурдани андоз ва дар ин баробар њимоя нагардидани манфиатњои соњибкорон низ яке аз мавзўи доѓ барои љомеаи мо мебошад. Муњољирати мењнатї, ќурбони бозињои сиёсї гардидани муњољирон, ба ихтиёри Хитой гузоштани ќисме аз замин, њимоя нагардидани њифзи њуќуќ, обхезињо ва бе манзил мондани мардум низ аз он мавзуоте мебошад, ки гуфта мешуд, эњтимолан мардумро ба хиёбон барорад. Мушоњидањо њокї аз он аст, ки мардум дар баробари ин мушкилоти иќтисо-

диву иљтимої тањамулро ихтиёр карданд. Њарчанд шикояти мардум аз љорї кардани мањдудияти барќ кам нест, аммо то имрўз ин мушкил сабаб нашудааст, ки мардум даст ба эътирози оммавї бизананд. Њимоя нагардидани амният ва њуќуќи шањрвандон барои љомеаи Тољикистон албатта њеч иттилои тозае нест. Аммо марги вањшатнок ва њамзамон "номуаяйни" Њамза Икромзода дар соли гузашта бойиси бањсњои зиёд гардид, ки то ба њол идома дорад. Нопадид гардидани ду духтараки 4-5 сола дар Душанбе ва ољиз будани маќомоти њифзи њуќуќ барои пайдо кардани онњо давоми 16 рўз метавонист омили ба хиёбон баромадани мардум бошад. Ваќте мардум ба хотири манфиати мазњабї, иљтимої, њифзи амнияти худ ва фарзандонаш даст ба эътироз намезанад. Чї гуна метавон бовар кард, ки имрўз гурўње аз шањрвандон ба хотири риоияи адолат љуръати барпои эътироз дар назди сафорати Амрико ва маъмурияти СММ кардаанд. Ин њам дар њолест, ки онњое низ барои ба миён омадани ин њама мушкилот масъуланд, дар Душанбе роњат кору фаъолият доранд. Нуктаи дигаре, ки касро ба тааљљуб меорад, он аст, ки аксари иштирокдорони ин намоиши эътирозї љавононе буданд, ки ба эњтимоли зиёд аз кї будани Абдуллољонов огоњ нестанд. Далели ин гуфтањо посухи љавонони тољик дар бисёре аз пурсишњои сотсиологї аст, ки аксаран њеч огоњие дар мавриди равандњои сиёсиву иљтимої надоранд.


6

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ЊАФТ ПОСУХИ ЊАФТА

Аз муњољират ба Тољикистон чї фоида мерасад? Абдуллоњ ЌОДИРЇ, сухангўи Хадамоти муњољират

Муњољирати мењнатї бо худ судњои калон дорад ва ваќте, ки муњољирони дар кишвари ќабулкунанда кору фаъолият мекунанд, табиист, ки интиќоли маблаѓњо сурат мегирад. Ин маблаѓњо дар буљети кишвар њам таъсири худро мегузорад. Ваќте ин маблаѓњо дар хонаводањо ворид мешавад, онњо метавонанд барои рафъи эњтиёљоти худ аз љумла тањсили фарзандон, сохтани маѓозањо ва бунгоњњои тиббї наќши басазое дошта бошад. Аз нигоњи фарњангї њам њангоми муњољират табодули афкору таљруба ва омўзиши фарњанг инчунин наздикшавии миллатњову кишварњо бо якдигар сурат мегирад. Муњољир он дастовардњоеро, ки аз њисоби фаъолияти худ меъморї, шањрсозї ё бунёди иншоотњост, ба кишвари худ интиќол медињад.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, муњољир

Албатта дар њоли њозир муњољирати мењнатї вобаста ба таќсимоти байналмилалии мењнат як амри воќеист ва хоњем нахоњем он боќї мемонад. Албатта агар фоида ва зарари муњољирати мењнатии тољиконро дар паллаи тарозу гузорем, шояд аз фоидааш зарараш ба маротиб зиёд бошад. Имрўз агар гўем, ки аксарияти кулли ањолии Тољикистон рузиашро аз њисоби маблаѓњои воридкардаи муњољирони мењнатї мегузаронад, хатто намекунем. Ѓайр аз ин ќурби асъори миллї гардиши пулу мол дар бозори дохилии Тољикистон ва дар нињояти кор суботи иљтимої низ аз маблаѓњои муњољирони мењнатї вобаст аст. Вале чун асосан муњољирати мо ба ФР сурат мегирад, ва иќтисодиёти ин кишвар пурра аз арзиши нафту газ дар бозори љањонї вобаста аст, чи иќтисодиёти Русия ва дар нињояти кор суботи Тољикистон метавонад дар ояндаи на чандон дур ба хатари љиддї мувољењ шавад.

Сафаралї РАЉАБОВ, вакили парлумон

Њамаро таъмин карда наметавонем ва барои њамин мардум љињати ёфтани ризќу рўзии худ ба муњољират меравад.

Муњољират барои мо фоидаи калон оварда истодааст. Чунончи порсол 3,6 миллиард доллар дохил шудаст ва мардум дар асоси њамин зиндагияшро пеш мебарад. Муњољират ягон зарар надораду дар тамоми мамлакатњои тараќќикарда муњољирати мењнатї њаст ва ќисми зиёди даромади мардум аз њисоби њамин муњољирати мењнатист.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

теро низ вориди кишвар мекунад. Аз њама муњимаш муњољирони мењнатї барои рушди ояндаи ватанашон замина мегузоранд. Њам аз дидгоњи илмиву рушди инсонї њам аз назари омўхтани њунар ва њам аз дидгоњи ба шароити њозира мувофиќ кардани зиндагии худ.

Иршод Сулаймонї, устоди ДМТ

рати мењнатї ман ягончи гуфта наметавонам. Дар мавриди маблаѓњо шањрвандоне, ки дар хориљ кор мекунанд, бояд ба суѓуртаи иљтимої фаро гирифта шаванд ва ваќте ба нафаќа мебароянд, агар андози иљтимоиро супоранд њамчун суѓурташуда онњоро таъин мекунанду нафаќаашонро таъмин мекунанд. Оид ба ин масъалањо Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа кор мебарад.

Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори улуми њуќуќ

Ваќте аз дењаи танг берун меравад, бо љањони нав шинос шуда љањонбинии муњољир дигар мешавад. Њамчунин дар сафар ба мушкилоти зиёд дучор мешавад ва мењру муњаббаташ нисбати ватан афзоиш меёбад. Ин як ва дувум њар нафаре, ки ба муњољират меравад, агар як њунар дошта бошад чандин њунаи дигарро њам ёд мегирад ва бо њамин барои зиндагии ояндаи худ як заминаи бењтаре фароњам меояд. Сеюм, баъзе аз муњољироне, ки мераванд, дар онљо заминаи бизнеси худро меёбанд ва ваќти бозгашт ба ватан онњо захирањое њастанд, ки метавонанд як кореро анљом дињанд ва барои ватанашон боз њам як хизмати хуберо анљом бидињанд. Ин муњољират шиддати иљтимоиро дар Тољикистон камтар мекунаду муборизаи ќуввањои гуногун суст мешавад. Ин аз фоидањои иљтимоии муњољират аст. Муњољират як маблаѓи њангуф-

Муњољират албатта фоида њам дорад. Аммо дар дарозмуддат шояд зарараш аз фоидааш бештар шавад. Имрўз агар аз як тараф кўдакони мо дур аз тарбияи падар калон шаванд, аз љониби дигар љавонони мо аз муњољират бо беморињои гуногун бармегарданд, ки ин љои нигаронї дорад. Гузашта аз ин муњољирони мо дар шароитњои сахт кор ва зиндагї мекунанд, ки ќабул намудани шароити бад, гардан фаровардан ба вазъи сангин инсонро аз пешравї боз медорад ва шахсро мутеъу фармонбардор мекунад. Ѓурури инсонро мешиканад.

Давлатманд АБДУРАЊМОНОВ, муовини директори Агнетии њифзи иљтимої ва шуѓли ањолии зертобеъи Вазорати мењнат Мо ба муњољирати экологї ё дохилї яъне аз якљо ба љои дигар кучонидани ањолї муттасадием. Дар бораи муњољи-

Муњољирати мењнатї воќеан тавре аз таљрубаи љањонї бармеояд, дар кули кишварњои дунёи мавсум аст ва дар самтњои мухталиф кафолат дода мешаваду њимоя мегардад. Бо бањонаи муњољирати корї њукумати Тољикистон аслан чорањои мушаххасро барои ба вуљуд овардани љои кор барои шањрвандони Тољикистон наандешидааст ва њамроњи ин падида зуњуротњои манфї дар муносибатњои љамъиятиро бисёр мушоњида кардан мумкин аст. Масалан шањрвандони Тољикистон тањти таъсири фазои иттилоотии кишвари хориљї мемонанд, барои буљети кишвари дигар зањмат мекашанд, аз таъриху фарњангу маънавиёташон дур мешаванд ва ѓайра. Аз ин хотир мувофиќи маќсад мебуд, ки мањаки муаянкунандаи амалкарди њукумат бавуљуд овардани љои кор бошад.


ЯК ЊАФТАИ ИЌТИСОД

№14 (274) 10 апрели соли 2013

7

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА Тољикистон аз ботлоќи фаќр берун набаромадааст Дар ин фењраст тамоми кишварњои Осиёи Марказї, аз љумла Ќазоќистон дар маќоми 69, Туркманистон дар маќоми 102, Ўзбакистон дар маќоми 114 ва Тољикистону Ќирѓизистон, ду кишвари кўчаки ин минтаќа низ дар рутбаи 125 ќарор доранд. Ин дар њолест, ки Эмомалї Рањмон, раисљумњури кишвар ахиран дар парлумон гуфт, аз соли 2003 то соли 2007 мизони камбизоатї дар Тољикистон 23 дарсад коњиш ёфта ва дар чор соли баъд мизони фаќр дар ин кишвар беш аз як дарсади дигар коњиш ёфт. Бар асоси гузориши интишорёфта мизони фаќр дар миёни ањолии шањру русто ва њам чунин манотиќи Тољикистон бо њам мутафовит аст. Ба ин тартиб мизони фаќр барои шањрњои Тољикистон беш аз 36 дарсад ва барои манотиќи рустої бештар аз 50 дарсад эълом шудааст. Њамзамон бештарин мизони фаќр марбут ба вилоятњои Суѓд ва Хатлон эълом шудааст, ки ба тартиб беш аз 52 ва 50 дарсад љамъияти ин ду вилоят зери хати фаќр ба сар мебаранд. Пажуњишгарон нархи болои бекорї, тахриби беш аз 90 дарсади захоири зеризаминї, камбуди дастрасї ба неруи барќ, набуди оби ошомидании солим ва сатњи поёни тањсилотро аз авомили асосии бурузи фаќр дар Тољикистон арзёбї кардаанд. Профессор Муним Њасанов мегўяд, ки афроди ба кор машѓул буда бояд даромаде болотар аз меъёри камбизоатї дошта бошанд ва камбизоатї худ чанд њудуд дорад. Њудуди поинї (камбизоатии мутлаќ) 1,8 доллар ё 5 сомонї барои аъзои як хољагї дар як шабонарўз аст. Њудуди дуввумї "нисбатан" камбизоат, ки дар як шабонарўз даромади камтар аз 2,5 доллар. Њудуди севвумї 4,3 доллар, ин табаќаи камбизоат буда даромадаи бештар аз ин афродро ба ин гурўњ шомил намекунад. Агар 5 нафар дар як хонавода зиндагї кунанд, бояд дар 2 рўз даромадашон аз 200 сомонї бештар бошад. Аз ин поинтар камбизоатї њисобида мешаваду ба њамин хотир одамон кўшиш мекунанд манбаъи иловагии даромад пайдо намоянд то ба ин гурўњ дохил нашаванд. Профессор Муним Њасанов мегўяд: "Барои нафароне, ки аз сабаби беморї ва ё пиронсолї ќобилияти кор кардан надоранд, бояд давлат онњоро бо нафаќа таъмин кунад ва ё дигар имкониятњоро фароњам оварад то онњо аз сатњи камбизоатї бирањанд. Дар ин њангом метавон аз мављудияти адолати иљтимої дар Тољикистон гуфт. Вале мутаасифона нафаќаву кумакпулињое, ки гурўњњое аз мардум дарёфт мекунанд, аз њадди њамон камбизоатї бисёр камтар аст".

Ба фаќирон моњихурї не моњидорї ёд дињед! Гуфта мешавад, ки ташкилотњои байналмилалї вобаста ба маќсадњои худ ингуна нишондињандањоро бањогузорї мекунанд. Вале дар асл барои бањодињии фа-

Кї Тољикистонро фаќир кард? Созмони милали муттањид дар гузорише тањти унвони шохиси тавсеъаи инсонї дар соли 2013, Тољикистонро фаќиртарин кишвари минтаќаи Осиёи марказї эълом кард. Бар асоси ин тањќиќот 3.1 дарсад ањолии Тољикистон, ки дар як шабонарўз камтар аз як доллар даромад доранд, дар фаќри мутлаќ ба сар мебаранд ва беш аз 47 дарсади ањолии кишвар, ки даромади рўзонаашон аз 2 доллар ва 15 сент камтар аст, ба камбизоатии сахт гирифторанд. Аз ин хотир СММ мизони фаќри Тољикистонро болотар аз дигар кишварњои Осиёи Марказї эълом кардааст. ќирии мардуми тољик як ё ду нишондињанда минљумла маош ё даромади оила кифоя намекунад. Дар њамин маврид доктори улуми иќтисод Табаралї Ѓаниев мегўяд, ки мардуми тољик як хусусияти иљтимої дорад, ки агар дар оила фарзанд сарватманду соњибмаълумот бошад, ба дигар аъзои оила ва хешутабор кумак мерасонад, ин як сарчашмаи даромад аст. "Даромади мардуми дењот аз заминњои наздињавлигї ва иљора иборат аст, ки дар аксари маворид ба њисоб гирифта намешавад. Дигар инки маблаѓи муњољирони мењнатї, ки солона 4 миллиард доллар ба кишвар ворид мекунанд, дар ваќти бањодињї бањисоб гирифта нашудааст", изњор дошт Табаралї Ѓаниев. АбдуллоњиАшўр тањлилгари масоили иќтисодї низ мегўяд, ки албатта ин гузориши СММ бадењист. Ин арзёбї воќеан пешгўишаванда буд. Мушкил дар он аст, ки як гурўњи калони ањолии Тољикистон то њол дар банди фаќр њастанд. Мутахасисон инро банди сарбастаи фаќр меноманд. Ва мушкили аслї инљост, ки ёрии моддии созмонњои хайрия низ ин одамонро аз чанго-

ли фаќр наљот намедињад. Чунки ба ин одамон ба истилоњ моњї медињанд на асбоби моњидорї. "Бинобарин кулли барномањои зидди фаќр бояд дар асоси њамон зарбулмасали моњї ва асбобии моњидорї асос ёбад. Чун танњо дар њамин њолат мешавад ба фаќр ѓолиб омад", гуфт Абдуллоњи Ашўр.

Мардум пешрафт мекунанд бидуни кумаки њукумат Аммо Табаралї Ѓаниев муамморо дар инљо дар надоштани њунар медонад. Агар аз нигоњи ќобилияти мењнатї нигоњ карда шавад, беш аз 70 дарсади мардуми дењот чунин њунарерор надоранд, ки ин як доѓи рўз аст. Ба ќавли номбурда, бояд барномаи мактаби миёна дигар гардад, то ингуна макотиб афроди соњибњунар тањвили љомеа дињанд. Зеро бо таваљљуњ ба вазъияти иќтисоди бозаргонї то 50 сол пеш 80 дарсади одамон бе њунари касбї фаъолият кардаанд, яъне корњо дастї анљом мешуданд ва ё талаботи махсуси касбї надоштанду

мураккаб нагардида буданд. Аммо имрўз баръакс аст, дар иќтисодиёти кадом мамлакате набошад, 80 дарсади фаъолиятњо њатман њунари касбї талаб мекунанд.Бидуни истифодаи воситањои техникї њатто дар хона, зиндагии хуб наметавон кард. Имрўз агар зиёда аз 160 њазор нафар мактаби миёнаро хатм кунанд, њамагї 60 њазори онњо ба мактабњои олї љалб мегарданду 100 њазори дигар аз донишгоњ берун мемонанд. Барои ин мардуме, ки баъди 2 сол дастаи бекорони зиёд ва камбизоатро ташкил мекунанд, бевосита мактабњои махсуси касбї дар дохили худи макотиби миёна лозим аст.Мушкили аввалиндараља барои мардуми тољик акнун доштани касб аст, чун шахси бењунар монанди кўрест, ки њарчи ќадам мегузорад хатари лаѓзиданаш бештар мешавад. Муаммои камбизоатии Тољикистон имрўз њамин бењунарист. Њатто аз рўи тавлидоти нохолиси дохилї, ки 800 доллар бар сари њар нафар ањолии Тољикистон рост меояд, нишон медињад, ки боздењии касбї садњо маротиба аз дигар мамлакатњо камтар аст.

Пештар њукумат бо мадади созмонњои байналмилалї дар яке аз шањрњои Тољикистон барномаеро ба маќсади дар њар оила њисоб кардани камбизоатон ва кумаки молї расонидан ба онњо гузарониданї буд, ки дар он маблаѓе барои онњо дода мешавад то тиљорат ё фаъолияти соњибкориро оѓоз кунанд, њазинаи ин лоиња 1,3 млн. долларро фаро мегирад. Аммо дар кулл ба назар намерасад, ки барномањои њукумати Тољикистон барои кам кардани мизони камбизоатї дар кишвар чизеро таѓйир дода бошад. Барои пеш бурди иљтимоиву иќтисодї барнома ва мутахассисону андешањои тозадошта њам дида намешавад.Имрўз мардум машѓули коштани пахтаву зироатанду кори дигаре дар Тољикистон нест. Вале њамаи инњоро дар асоси технологияи нав бояд барномарезї кард. Чун дар як оила аз 10 нафар 9 кас телефони њамроњ доранду дар робита бо истифодаи технология мардум пешрафт кардаанд, аммо дар пеш бурди иќтисоду тиљорат ва њифзи иљтимоии мардум пешрафте дида намешавад.


8

№14 (274) 10 апрели соли 2013

СЎГНОМАИ ЊАФТА

Ѓуссанома Дилам сахт гирифта… Боз як инсоне, ки ба хотири дўстдори миллат буданаш дўсташ медоштам, аз зери бори ѓуссањои миллат берун рафт... Устод Гулмуродзода моро тарк кардаву ба рањмати Њаќ пайваст. Худоё, Худат медонї, ки Устод Пайванд чи ќадар марде баимон буданд, Худат медонї, ки њечаконе чи ќадар алайњашон фитнањо карданд, Худат медонї, ки дар рўзи маргашон писаронашон, бародарону наздиконашон натавонистанд ин марзњои сунъиро бигзаранду барои охирин бор дидори азизи дилашонро бибинанд, њоло Худат дар бињишти барин барояшон љой бидењ, ки љуброни ин њама бошад...

Дилам сахт гирифта ва буѓзе гулўямро мефишорад ва ашк намегузорад, ки ѓуссаномаамро бинависам... Дар давоми камтар аз як сол ду инсоне, ки дўсташон медоштам, ба рањмати њаќ пайвастанд. Ин ду марди шариф содиќонаву самимона миллатро дўст медоштанду бо тамоми њастї барои рушду пешрафти фарњанги миллат хидмат мекарданд ва албатта дар ин обрав аз сўи ину он чун бегона пазируфта мешуданд. Намедонам аз табори Шакуриву Гулмуродзода чанд тани дигар монд... Дилам сахт гирифта.... Оё инсон мављуде моддист ё маънавї? Шояд њеч кас натавонад посухе даќиќ ва рушан ва нињоиро бидињад, зеро дар ин маврид шояд баробари њар як инсони мутаффаккир дидгоњњо вуљуд доранд, ки њар кадом аз дигараш фарќ мекунанд. Бар илова њар кадом барои дурустии худ далел њам доранд. Ваќте дўсти шоирам Сиёвуш бароям навишт, ки аз дирўз њар чи талош меку-

над то занге ба Ќиёмуддини Сатторї бизанаду ба хотири даргузашти устод Пайванд ба ў таслият бигўяд, пеши худ иќрор кардам, ки инсонњое мисли устод Пайванд мављуде маънавиянд. Онњо тааллуќоти марзиву љуѓрофиёї надоранд. Њар љо бошанд бо инсонњое, ки маънавият ва муњаббату самимият меъёри инсоншинохтияш бошад, дўсту бародар мешаванд. Агар сухане њам аз ѓурбат гуфта ва мегўянд њатман ѓурбати маънавист, яъне онњо мисли моњиянду фазои маънавї мисли дарёст, ки набуди ин фазо барояшон баробар бо марг аст. Гулмуродзода ва инсонњое мисли ў ваќте ин пора аз хоки Хуросони бузургро Ватан ихтиёр карданд, ба ќавле дар он сўи марз ё он пораи дигари Хуросони бузург аксари пулњои пушти сарашонро ба оташ кашиданд. Њоло шояд бархеро худашон оташ заданду бархеро дигарњо билкул хароб карданд. Дигар дар он пораи Хуросони бузург, ки имрўз Узбакистон ном гирифта, онњоро душман меши-

Њанўз тањти таъсири ин хабари ѓамангезам. Устоди азиз Пайванди Гулмуродзода њам рафт. Боз як марди бузурге, ки тиннат ва сирати бињиштї дошт, тоќати ин рўзгоре, ки инсонњое беш аз пеш шабењи дўзахаш мекунанд, наёвард. Ва шитобзада онро падруд гуфт. Солњои тўлонист, ки мешиносамаш ва њамчунин солњои тўлонист, ки надидамаш. Њанўз наметавонам бовар кунам! Наметавонам бовар кунам, ки акнун дигар њич гоњ намебинамаш. Ва наметавонам бифањмам, дарк кунам, ки охир чаро ва барои чї? Ин њама маргу мири афроде, ки њанўз бояд бизиянду бизиянд, чаро?! Далели ин њама маргу мирњои ноњангом чист, мардум?! Ба назар мерасад, ки дар ин сарзамин сактаи ќалб ва сактаи маѓз таѓйири хислат карда ва ба як бемории вогир ва сирояткунанда табдил ёфтаанд.

Марги соњибдил Худоё. Ту, албатта, бар њама чиз донотарї! Ту худ огоњтарї, ки чи касеро кай ба дунё биёрї ва чи касеро кай аз дунё бубарї. Ту худ бењтар медонї, ки дар куљо будани мардони бузургманише чун устод Гулмуродзода бењтар аст. Он гуна, ки ту авло донистї, ин фарди дилсўз ва љонбози миллатро дар куљо ба дунё биоварї ва дар куљо ўро бар худ фаро хонї. Њатман салоњи кори он рафиќи шафиќи аз даст рафта (ва њамаи мо бандагонат) танњо бо Туст! Аммо…аммо…аммо… Барои худ, ки назист, ба хайр. Аз аввал як ќалби ќонеъ ва руњи розї дошт, ки њамеша ба каму беши зиндагї ме-

сохт ва шукр мегуфт. Аммо, охир метавонист чанде дигар барои мо, барои мардумаш зинда монад. Корњоеро, ки шуруъ карда буд ва танњо ў метавонист анљом дињад, ба поён расонад. Чи касоне аз мо мераванд ва чи корњоеро нотамом мегузоранд! Корњойе бузург ва кормардоне танњое… Бо њама тардиде, ки дар ин масъала дорам, аз Худованд мехоњам, ки иќдомоти наљиби Устод идома ёбанд. Тардидамро далел парешонињои мо, бегонагињои мо аз якдигар, бадгумонињо ва љое низ бадхоњињои мо ба њамдигар аст. Аммо бо ин вуљуд дар кадом гушаи дилам як умеде њаст: Устодро шогирдони бисёре њаст.

нохтанду мешиносанд. Онњо дигар аз пайвандон људо ва аз азизонашон дур уфтодаанд. Ин њам дар њолест, ки дар ин гўша аз Хуросони бузург онњоро чун бегона мешиносанд ва њамеша ба кунишу вокунишњояшон аз назари шак ва нобоварї менигаранд. Њамеша огоњонаву ноогоњона талош мекунанд садди роњи онњо шаванд ва њар аз чанд гоње њам тањдиду тањќир ва ситезро нисбати онњо раво мебинанд. Аз кутоњандешї ва нотавонбинї бар ин назаранд, ки ба онњо бояд љояшонро нишон дод ва агар онњо (яъне омадањо аз он пораи Хуросони бузург) набошанд, барояшон расидан ба хостањо осон мегардад. Љањолати нотавонбинонаи ин тоифа ба њадде расида, ки ќарлуѓу ќатаѓану лаќай ва соири ќавму ќабилаи муѓулу туркро аз худ болонишин дидаву мепазирад, аммо дар баробари пешрафти як њамхунаш аз он сўи марз хуни њасодаташ ба љўш меояд ва бо њар роњи мумкин садди роњ мешавад...

Касе эътироф мекунад ва касе дигар аз ин њиммат бенасиб аст, ки эътироф кунад, аммо аксарияти рўзноманигорони љавоне, ки имрўз дар сари коранд, аз ин ё он тариќе аз баракати устодии ў бањравар гардидаанд. Устод Гулмуродзода намунаи равшани рўзноманигории њирфаї буд, ки масъулиятро дар баробари Сухани Навишта ва паёмадњои эњтимолии он мешинохт ва риъоят мекард. Басо касоне, ки имрўз ин нуктаро бояд дарк ва риъоят кунанд! Гуфтанињоям зиёд аст… Чи азизоне боз маро ѓафлатгир хоханд кард… Ин њама ѓафлатзадагї то кай?! Чаро якдигарро ин њама озор дињем, ваќте ки рўзгор бе ин њам пур аз озор аст? Барои њарфи бад задан њамеша бањонае њаст, чаро як њарфи хубро ба якдигар бе бањона нагўем? Рўзгор барои мо, метавон гуфт, дигар ќадру ќимматеро ќоил нест, чаро мо худ якдигарро ќадру ќиммат нашносем ва азиз надорем ва эњтиёт накунем? Муродам аз ин суханон насињати касе нест, ман худ муњтољи насињат ва ниёзманди насињатгар њастам. Инњоро ба худам мегўям ва дили бемуруввати худро насињат мекунам. Устоди азиз, Гулмуродзода он љое рафт, ки дигар андешае аз бадгўињои мо ва ниёзе ба хушгўињоямон надорад. Он љо дигар танњо Худованд ќадру ќиммат ва арзу манзалати Инсонро таъйин мекунад. Иллоњї ўро бандаи худ бипазирад, биёмурзадаш ва дар сояи рањмати бекарони худ ќарораш дињад. Ба њама бозмондагонаш, ањли хонаводаи шарифаш ва дўстону наздиконаш арзи тасаллият ва њамдардї мекунам.

СИЁВУШ,

Бишкек

Мушкил он нест, ки алайњи онњо меситезанд, зеро њеч фарќе надорад, ки ин љо ё он љо бошанд. Агар он љо њам мебуданд лољарам ситези пасмондањои Чингизу Темурро бояд шоњид мебуданд. Аммо аламовар он аст, ки агар он љо ба сифати соњиби Ватан алайњашон меситезанд ин љо бозмондањои Чингиз на танњо алайњашон меситезанд, балки онњоро бегона ба ин обу хок медонанду таъна мезананд. Бадтар аз ин њама набудани як давлати миллї бо ормону меъёрњову арзишњои миллист, ки худ ба худ марги инсонњое мисли Гулмуродзодаро шитоб мебахшад. Дилам сахт гирифтааст. Ѓуссањо рўи шонаам сангинї мекунад. Оё метавонам то сарманзил расид? Оё сарманзиле њаст? Метарсам дар нимароњ шона тињї кунам… Дилам сахт гирифтааст… Худоё, маро бибахш…

Зафари СЎФЇ

Имрўз ду марди њунар ва илм - устод Зуњур Њабибуллоев ва устод Пайванди Гулмуродзода олами фониро тарк гуфтанд. Њарду марди миллї буданд ва аз тољикони Узбакистон! Сиёсате, ки њукумати Тољикистони соњибистиќлол дар ростои тољикони бурунмарзї, ба хусус тољикони Узбакистон пеш гирифтааст (талаби пардохти маблаѓи њангуфти тањсил баробар бо аљнабиён, талаби раводид барои донишљўён) аз сўе боиси дилсардии тољикони Узбакистон ва аз љонибе боиси заъфи худи Тољикистон мешавад. Вале ба назар мерасад, давлатмардони мо аз ин вазъ хурсанд њам њастанд; раќобат камтар мешавад ва дар "њавзе, ки моњї нест, ќурбоќќа сипањсолор аст"!

Абдуќодири РУСТАМ Бо дард ва андўњи фаровон огоњ шудам, ки Пайванд Гулмуродзода, донишманд ва пажуњишгари фарњехтаи тољик даргузашт, хонавода, дўстон ва љомеаи фарњанги ва адабии тољикро дар сўг нишонд. Даргузашти Пайванд гулмуродзодаро ба хонавода, дўстон ва љомеаи адабии тољик тасаллият мегўям ва равонашро шод мехоњам. Марг поёни китоби зиндагї аст ва њар китоберо поён њаст, аммо муњим он аст, он ваќте ки аз дарвозаи бузург, аммо торики маргу зиндагї мегузарї дар ин дунёи хуршедзада бо кї будї? Бидуни тардид шинохте, ки ман аз Гулмуродзода дорам, бо мардуми худ буд. Сањми вай дар њавзаи пажуњиш ва рўзноманигории муосири тољик чашмгир аст. Вай шогирдони зиёдеро омўзиш додааст.

Наљми КОВИЁНЇ


СЎГНОМАИ ЊАФТА Хабари марги нобањангоми дўсти азиз ва њамклоси донишгоњиям Улашбой (Пайванди Гулмуродзода) дили реш решамро рештар кард. Њамин чанд рўз пеш паёме ирсол намуда љўёи њолам буд. Завќи зистан ва навиштан дошт. Бобати њамкорињояш бо устоди фарзонаи фаќидам Муњаммадљони Шакурї, аз ў сипосгузорї кардам. Одами миллї буд ва таърихи матбуоти тољикро хуб омўхта буд. Бисёре аз маќолотеро, ки љанбаи миллї дошт, баргардон намуда дар Тољикистон ба чоп расонд. Аз тољикони Ўзбакистон буд. Теъдоди тољикон дар Ўзбакистон, агар бештар набошад, камтар аз тољикони Тољикистон нест!. Инро барои он мегўям, ки мебинам, бархе аз фурумоягон, ки худро "таљики тап таза" эълон кардаанд, алайњи тољикони Ўзбакистон дар сафањоти расонањо носазо мегўянд. Њоло чунин рафтори палидонаи зиштро алайњи Рањматуллоњ Зойируф шуруъ кардаанд. Мо ба ин нобакорї набояд роњ бидињем.

№14 (274) 10 апрели соли 2013

Табиист, ки фуќдони чунин дўсти беѓараз ѓами љонкоњ аст! Чашми лола ба хун нишаста, аз ин, Ашк дар чашм њалќа баста аз ин!... Тасаввури ин ки азизе чун ўро дигар намебинем, сахт душвор аст. Нармгуфтор ва нармрафтор буд. Ман дар тамоми даврони ошноиям њарфи носазое аз забони ў нашнидаам. Замоне, ки мо донишљў будем ва донишгоњ ба тамоми маънї ДОНИШГОЊ буд ва дониш медод, Улашбой кўшиш мекард ба њама дўстон ёрї расонад ва бархе аз дарсњоро, ки мо нолозим медонистему зиёд намехондем, амсоли атеизми ъилмї, кумунизми ъилмї, иќтисоди сиёсй .. ва ѓайра, ин Улашбой буд, ки бо муаллимини ин фунун забон меёфт, то мо бе кумакњазинаи донишљўї намонем. Њангоми пахтачинї, ки он солњо ин як маъракаи бисёр љиддї буд ва ман, ки њунари пахтачинї надоштам ва мавриди интиќоди рањбарон давраии ин маърака ќарор мегирифтам, њамин Улашбой ба имдодам мерасид ва гоњо килои панбањои "чидаи" маро аз будаш зиёд нишон медод ва љони маро мехарид… Шомгоњон ки њама хушњолию раќсу таронахонї мекардем, Улашбой бо мусиќии бисёр зебоии " Андигонї" мераќ-

Ѓамат марги бањорамро даровард… Бо дареѓу дард ёдовар мешавам, ки Пайванди Гулмуродзода, яке аз фидоиёни миллати мо буд, ки умри худро ба омўзишу пажуњиш сипарї кард ва дар сангинтарин рўзњои таърихи кишвари азизи мо,Тољикистон љон ба каф гирифта, дар Душанбе монд ва то љое метавонист, талош кард ба мењанамон хидмат кунад. Њоло намедонам, аз чї мурда... Сад дареѓ, ки "љони гиромї ба падар барсупурд"! ва афсус, ки орзўњояшро ба хок бурд. Ба њамаи бастагонаш њамдардии амиќи хешро иброз медорам ва аз эзади доно ва тавоно барояш рањмат ва шафќат орзў мекунам. Номашу ёдаш гиромї бод ! Зї модар њама маргро зодаем, Њама бандаем, арчї озодаем. (Фирдавсї) Рўзи гузашта, њамон соате, ки хабари дањшатноки марги Пайванди Гулмуродзодаро шунидам, навиштаи боло дар Фейсбук гузоштам ва дидам, ки дар як муддати кўтоњ дањњо тан аз дўстон ва шогирдони дўсти фаќидам, Пайванди Гулмуродзода, изњори њамдардї намуда ва иддае аз хубињои ин устоди донишгоњ бо дареѓ ва афсус сўњбат кардаанд… Чї бигўям, ки ин хабар бисёр сангин ва асафбор буд. Баъд аз он ки дар ин дањсолаи охир садњо љавонони дилогоњ ва мардони нодир дори фониро видоъ карданд, аз даст додани боз яке аз чењрањои рўшан ва матрањи кишвар дар риштаи ъилм ва омўзиш бисёр дарднок аст! Боз тўфон гирифта мебинам, тундбоде зи дард дар роњ аст, гўш кун ки садои хастаи ман, њамчу най аз људої, ѓамнок аст! Азизоне, ки ўро меншинохтед, хуб медонед, ки Пайванди Гулмуродзода, марде буд озода ва зањматкаш ва

дилогоњ. Хабари љон ба Љонон додани ў барои њамаамон ки ўро мешинохтем, дардафзост. Чун њамаи мо дар ин рўзгори дардзо, дардмандем. Оне, ки имрўз аз вазъи мењан огоњ аст, наметавонад бе дард бошад, агар аз табори мо бошад!.. Хабари ѓайримунтазира, хабари марги дўсте, ки дар њама њолат, чењраи маъсум ва оканда аз дард, вале хандон дошт дардзо буд. Дўсте, ки аз оѓози септембри соли 1973, ки мо донишљў шудему ў ба истилоњи њамон давра "сардори синф" и мо буд, њаргиз ўро бидуни табассуми малењ надидаам. Њоло дар Фейсбук, ки хабари маргашро додаанд, аксеро гузоштаанд, ки дар чењраи маъсумаш лабхандест, оганда аз андеша ва дард… Оњ борон наёмадаст, ин љо, ѓунчањо як ба як парешонанд,.. Рўи пешонии фарохи чу кўњ, гарди ѓам гўиё њувайдо буд… Дўсти даврони љавонию донишљўии ман, дўсти шабнахобињои дарсхонї ва дўсте, ки дар тамоми ин муддати људоии сию панљсола (аз соли 1979), ки ман ба ќасди идомаи тањсил ба Маскав рафтаму баъд дасти таќдир маро ба Ќазоќистон овард, њамеша љўёи њолам буда ва аз тариќе салому паёме ирсол карда аст. Намегўям, ки мо њама ин солњо бо њам бисёр наздик будем, на! Мо дўстони давраи донишгоњї, пас аз њаводиси зиёде, ки аз сарамон гузашт, ба њар љое парешон шудем ва бисёр кам иттифоќ меафтод, ки ба дидори якдигар бирасем. Улашбой буд, ки дар Душанбе, чун кўњ устувор буд ва аз њолу ањволи аѓлаби дўстони даврони љавониамон огоњ буд ва барои мо иттилоъ ва гоњо салому паёме мерасонд..

сид ва бисёр њирфаї ва зебо мераќсид… Дареѓо, ки дасти аљал њамеша хубонро гулчин мекунад. Умедворам дўстон ва шогирдони дўсти азизи мо, Пайванди Гулмуродзода ному ёди ўро гиромї хоњанд дошт… Вале ин, аз даст доданњои пай дар пай, дар кишвари мо, бисёр нигаронкунанда аст ва оё касе андешида аст, ки ахиран нисбати афроде, ки аз беморињои марбут ба фишори хун ва сактањои маѓзї ва ќалбї ва саратон дори фониро видоъ мегўянд рўзафзўн шуда аст..?! Оё касе дар ѓами ин њаст, ки афзоиши чашмнодидаю гўшнашнидаи ин беморињоро дар кишвар мавриди баррасї ќарор дода бошад !? Оё касе дар ѓами ин њаст, ки ахиран миќрози аљал таноби ъумри фарзонагони миллати моро беш аз пеш мебуррад ва бар бадбахтињоямон меафзояд ?! Марги фарзонагон, хосса онњое, ки боз дањсолањо метавонистанд кору пайкор кунанд ва ба љомиъаи бахтбаргаштаи мо хидмат кунанд, марги маъмулї нест! Марги ъаќлњост, ки адами вуљуди эшон боъиси рушди љањлњост! Шумо медонед, ки дар дањсолањои охир мо чї гуна фарзандони фарзонаи ин миллатро аз даст додаем ва ба кї гўем ва то куљо нолем.?! Ку устодони хуби донишгоњ; Толиби Хаскаш, Нозирљон Ъарабзода, Умарбек Султонзода, Файзали Наљмонуф, донишмандони фаќид Абдулњафиз Рустамов, Маъруф Раљабї, Абдувалї Давронуф, Маъруф Исоматов ва ѓайра, марги шоъири бузурги миллат устод Лоиќ, шоъирону нависандагон Ќувватбеки Давлат, Сармад, А.Юсуфї, Муњаммадрањими Сайдар, Муњаммадзамони Солењ, Ширин Бунёд, ба-

Ду нигоштаи ахири шодравон Пайванди Гулмуродзода дар Facebook

Б

11-уми марти 2013 АЪДИ ѓазаби бонувон, ки бо тундбоду барфу борон паси сар шуд, имрўз абрњо дар талу теппањо сайру гашт доранд ва офтоб њам лабханд дорад. Механдад, ки иди ањли ќалам фаро расида. Бояд њамагон шодмонї кунанд, ки Худованд суханро аз арши аъло барои мо, бандагонаш фиристода ва умед дошта, ки ба ќадри ин неъмати бузурги Худованд мерасем, ќадр мекунем ва бо аќлу фитрати худодод боз боло мебарем. Бо ин маќсад ба халифањои рўйи заминиаш имкон дод, ки роњи донишро бо њар гуна забон гирд кардаву гиромї доштаву ба рўйи санг њам ангоштанд. Ва имрўз љањонро ба як дењкадаи бузург табдил додаанд, ки бо истифода аз Интернет дар як лањза имкони пахши иттилоотро ёфтаанд. Иди хирфавї муборак дўстони гиромї ва њамеша каламатон буррову суханатон шево бошад ва тамоми орзуи накуатон амалї гарданд. Худо нигањбонатон!

Б

18-уми марти 2013

АЪДИ се моњи њукмронии торикї бар рушної ва сардї ба гармї оќибат фасли пур аз гулу сабза фаро расид, ки аз ѓолибияти равшанї бар торикї ва гармо бар сармо мужда мерасонад. Худованд њамеша дилњоямонро гарм нигањ дораду торикињоро аз вуљудамон дур дорад, ки ба ояндаи равшану пур аз мењр бовар дошта бошем. Бигзор, шиори харрўзаи зиндагиамон ин шоњбайти Мирзо Бедил бошад: Магзар аз кушиш, мабодо рўзгори њилаљў, Поймоли роњатат чун сурати зебо кунад.

Наврузи оламафруз муборак!

9

родарон Амонбек ва Султон Шоњзода ва ѓайра, бар замми кушта шудани нависандагони тавоно Сайф Рањимзод, Нафасбеки Рањмонї, Искандари Хатлонї, ва ѓайра…марги дањњо тан њунармандонди асил , амсоли Хурмо Шириндухт, Олими Искандарї ва ѓ. (шармандаам, ки дар ин њолу њавое, ки дорам, номи бархе аз ёдам рафта), аз даст додани сиёсатмадоре фарзона ва мењандўст, чун Тоњири Абдуљаббор ва аз даст додани бењтарин адабиётшиноси ду дањсолаи охир, бародари азизу зиндаёди ман Абдуманнони Насриддин ва дањдњо тани дигар ?! Оё мо дарк мекунем, ки марги ин фарзонагон то чї њад барои рушду шукуфоии ин кишвар зарбаи сангин мезанад?! Сарвати њар кишвар на танњо сарватњои моддии он аст, балки пеш аз њама сарвати маънавї ва инсонист! Сарвати кишвар ъаќлњост ва ъоќилонанд, ки кишварро пешрафта ва шукуфо мекунанд. Ва њаќќо, ки шайхи аљал дуруст фармуда буд: Набояд, ки хирадмандон бимиранд ва бехирадон љои эшон бигиранд! Ва инак мо Пайванди Гулмуродзода, пажўњишгар ва муъаллими хуби донишгоњро аз даст додем… Дардову дареѓо, ки дар кишвари азизи мо, касе ѓами касе намехурад.. Касе тањќиќ њам намекунад, ки чаро онњое, ки интеллект доранд, тобеъ ва мутеъ дар дасти як мушт афроди тасодуфї ва каммоя ва бесавод њастанд, ки аз баракати рушди фасод ва мањалгароињои нобихрадона ба маќом ва љойгоње расидаанд ва бо он андакмоягї ба фарзонагон дастур медињанд! Оќибати корро худо ба хайр кунад. Ман дилам гирифта аст, метарсам, ки тундбоде зи дард, дар роњ аст. Чї кунем, ки имрўз навбати рафтани дўсти азизу фарзона, Пайванди Гулмуродзода буд. Ва дар сарои дилам ѓам омада аст, доѓ бар ќалбу љонам омадааст, дар дилам сад љањаннам омада аст! Хулоса,"зањри њаљре чашидаам, ки мапурс",оњ дарде "кашидаам, ки мапурс"! Ва доѓи ин азизон барои њамеша рўи синаам њак шудааст. Ва ин љо мехоњам чанд сатре, ки дар чунин маворид суруда шуда ва дар ёд дорам ва мутаассифона номи соњибашро низ аз ёд бурдаам, ба ёди ин азизони аз даст рафта ва ба вежа Пайванди Гулмуродзода биёварам, ки њамроњ бихонем ва ёди эшонро гиромї дорем. Ширинии хандањот дар ёдам њаст, Оњанги хуши садот дар ёдам њаст Ваќте хабари париданатро гуфтанд, Он лањзаи гунгу мот, дар ёдам њаст. Куљо дигар туро бояд биљўям, Чаро бо ашк дунёро нашўям. Чаро дунё амонамро гирифтї, Ки ёрам пар кашид аз пеши рўям Ѓамат марги бањорамро даровард, Фироќи ту диморамро даровард. Худо гулчини хубе буда, зеро, Аз ин гулхона ёрамро даровард Худованд, Пайванди Гулмуродзодаро, ки ба Љонон пайваст, ѓариќаи рањмат ва шоистаи љаннат кунод!

Сафар АБДУЛЛОЊ, Олмоти

БОЗГАШТИ ЊАМА БА СЎИ ЎСТ Хабаргузории "Форс"-и Љумњурии Исломии Эрон аз даргузашти нобањангоми устоди Донишгоњи миллии Тољикистон Пайванди Гулмуродзода, ки шахсияти донишманд ва мўъмини воќеї буданд, эњсоси амиќи дарду андўњ дошта, ин зоеаи бузургро ба хонаводаи марњум, љомеаи донишгоњї ва расонаии кишвари дўсту бародари Тољикистон таслият мегўяд. Устоди марњум наќши бебадил ва камназире дар шукуфоии истеъдоди рўзноманигорони љавони тољик доштанд, ки умед аст роњи эшон аз сўи шогирдони бовафояшон идома хоњад ёфт. Аз даргоњи Худованди маннон барои марњум улуви дараљот ва барои бозмондагонашон сабри љамил масъалат дорем.


10

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ЯК ЊАФТАИ ИЉТИМОЪ

"Азобаш надињед, Худо аллакай чунон љазояш додаст, ки аз мурда бадтар аст", -хоњиш мекард Соро ќабл аз љон додан. Ў то лањзаи охир ќотили худ, шавњарашро, ки на ба њамсараш ва на ба кўдакашон рањм накарда буд, муњофизат мекард. Дар дењаи худ, Соро зеботарину поктарин духтар буд ва њама ба Маъруф њасад мебурданд, ки чунин њамсар насибаш шуда аст. Насли калонтар ба љавонон, ба хусус духтарону келинњояшон, адабу иффати Сороро намунаи ибрат ќарор медоданд.

Рустам МАЉИДОВ Маъруф тўли њашт соли охир дар Русия буд. Дар минтаќаи онњо, муњољирати мењнатї манбаи аслї ва гоњо ягона воситаи даромад аст; танњо маблаѓи чиптаро то Маскав ёфтан лозим. Дар Ватан ин љавонмардон љои кор намеёбанд: устоњои чирадаст ин љо барои худ "пушт" сохта наметавонанд. Пас аз тўй Маъруф боз ба "љои кор"-и худ баргашт. Ў бештари ваќт дар Русия кор мекард ва ба хона танњо дар фасли сармо меомад. Хонаводааш, ки ба љуз аз волидон ва њамсараш, боз се дорар ва ду хоњар дастнигари ў буданд, дар шароити бад мезистанд. Ваќте Соро кўдаки мурда ба дунё овард, назари сокинони дења нисбат ба ў ва оилааш дигар шуд. Оилаи чанд моњ пеш намунавї, њоло ќариб ради маърака шуда буд. Овозањое пањн шуд, ки гўё ба хонаводаи онњо пас аз омадани Соро мараз расида аст. Дар њаќиќат, гўё ба ин хонавода чашми бад расида бошад: солимии Соро пас аз соли аввали њамхонагї бо Маъруф бад шудан гирифт. Дар соли сеюм аллакай нишонањои сили шуш пайдо шуданд. Муносибати бади атрофиён ва хешонаш дар баробари дурию бетарафии шавњар ањволи ўро бадтар менамуд. Таваллуди кўдаки дуюми мурда барояш зарбаи сахт буд ва Соро бистарї шуд. Духтурони мањаллї ташхиси пешакии аз рўи нишонањо гузошташударо тасдиќ намуданд. Аммо аллакай дер шуда буд. Сороро ба Маркази миллии беморињои сил фиристоданд. Онљо, мувофиќи талабот, њама тањлилњоро гузаронда, ташхисе гузоштанд, ки барои оилаи Соро гўё баробари њукми марг садо медод: ВИЧ, вируси норасоии масунияти одам. Дар Маркази мубориза бо ин беморї низ ба Соро кўмаке карда натавонистанд, чунки аллакай хеле дер шуда буд. Чуноне маълум шуд, Маъруф чанд сол боз бо ин вирус зиндагї карда ва сиррашро ба касе накушода аст. Њатто ба њамсараш. Пас аз марги Соро, ў иќрор шуд, ки чанд алоќаи љинсї дар Русия дошта ва дар њамон љо ба ин вирус гирифтор гаштааст. Худаш доруњои лозимиро ќабул намуда, аз сил низ табобат

мегирифтааст. Аммо аз тарси пошхўрии оила, кўшиш мекард њамсарашро назди духтур набарад ва дар сурати лозимї бо духтурон маслињат мекардааст, то дар хусуси ин беморї чизе нагўянд. Бояд гуфт, то 1-уми октябри соли гузашта њудуди 1400 зан ва 200 кўдаки онњо дар мароињили гуногуни гирифторї ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) будаанд. "Созмони мо њамасола ба 150 зан ва кўдакони онњо хизмат мерасонад", - мегўяд Тањмина Њайдарова, мудири иљроияи Шабакаи занони дорои ВНМОи Тољикистон. "Њудуди 80% занони мо њамсари муњољирони мењнатианд ва имкони зиёд њаст, ки аз онњо гирифтори вирус шудаанд. Ба хусус, бояд гуфт, миёни муњољирон истифодабарандагони маводи мухаддири тазриќї кам нестанд". Албатта, чунин гуфтан мумкин нест, ки њама муњољирони мењнатї аз хориљи кишвар ба Ватан бо ВНМО бармегарданд. Аммо бино ба маълумоти оморї, солњои охир суръати пањншавии ин вирус дар Русия ва Украина бештар аз дигар нуќоти љањон будааст. Дар Тољикистон низ њамасола вазъ дигар мешавад, агар чанд сол пеш 85% њолатњои гирифторї ба ВНМО ба истифодабарони мухаддироти тазриќї рост меомад, њоло ин нишондод ба 53% расида, љои худро ба роњњои дигари гузариш, аз љумла, ба роњи љинсї медињад. Тањмина Њайдарова ба хотир меорад: "Боре дар кадом як нишаст Онишенко (сардухтури санитарии Русия) гуфта буд, ки ВНМО ба Русия аз тариќи муњољирон, аз љумла, муњољирони мењнатї аз Осиёи Марказї, пањн мешавад. Пас аз чунин суханњо, љониби Тољикистон бо њамдастии созмонњои ѓайридавлатї ва байналмилалї миёни муњољирон њангоми баромад ва даромад аз сарњади Русия омўзиш гузаронданд. Натиљаи омўзиш нишон дод, ки ќазия баръакси гуфтаи Онишенко аст. Њамчунин бояд ба назар гирифт, ки ќонунгузорї имкон намедињад як нафар муњољири мењнатї бидуни натиљаи тањлили манфии ВНМО ба Русия ворид шавад. Бо муќоисаи ин маълумот, њар кас метавонад хулосаи лозимиро барорад". Дар чорчўбаи лоињањои гуногун корњои пешгирї, дастгирии иљтимої ва њуќуќї, муроќибат ва табобат миёни оилањои муњољирон гузаронда мешавад. "Таљрибаи мо нишон медињад, ки чунин фаъолият натиљањои мусбат дорад ва муносибати одамон ба солими худ ва на-

здиконашон бењтар мешавад. Њоло теъдоди одамоне, ки худро аз гирифтории имконпазир ба ВНМО муњофизат мекунанд, афзуда аст. Њолатњои истифодаи роњњои муњофизат ва муњимтар аз њама тањлили ихтиёрии ВНМО пас аз бозгашт ба ватан зиёд гашта аст",- мегўяд Њайдарова. Ба ќавли вай, "сохторњои давлатї дар ин замина корњои зиёд анљом дода, созмонњои љамъиятиро дастгирї менамоянд ва худашон низ ташаббускори чандин лоиња мебошанд. Аммо чунин фаъолият бояд дар њама сохторњое, ки бо муњољирон сарукор доранд, љорї шавад, вагарна бо лоињањои кўтоњмуддат имкони таѓйири њолатро нахоњем дошт". Шабакаи занони гирифтори ВНМО-и Тољикистон бевосита тавассути занони гирифтори ВНМО созмон дода шуда аст. "Чуноне гуфтем, аксари ин занон покдоман будаанд ва тавассути њамсаронашон гирифтори ин вирус шудаанд. Бинобар ин, мо љамъ шудем, то њамдигарро дастгирї намуда, ба дигарон низ кўмак намоем", - мегўяд мудири Шабакаи мазкур Њайдарова Тањмина. Яке аз аъзоёни ин шабака, духтари 27-сола, саргузашти худро наќл кард: "Ман дар хусуси бемории худ дар сини 24 солагиам хабар ёфтам. Шавњарам дар Русия муњољири мењнатї буд. Духтарамонро дар яксолагиаш аз даст додем. Баъ аз ин худам сахт бемор шуда, бистарї гаштам. Дар беморхона фањмидам, ки гирифтори ВНМО мебошам. Аз њама аламовараш он буд, ки шавњарам як сол боз хабар доштаст, ки тариќи мухаддироти тазриќї гирифтори ин вирус гашта аст. Ў намехост оилаамон вайрон шавад. Баъди чанд ваќт вафот кард". Чунин сарнавишти як оилаи љавон, ки бо њам хеш низ будаанд, ба нофањмињо

БАРОИ МАЪЛУМОТ:

миёни хешовандон расонд. "Ман, як духтари дењотї, намедонистам, ки пас аз ин чї гуна зиндагї кунам. Њамаи наздиконам маро рад карданд. Танњо апаам дастгириам намуда, кўмак кард, то ба мактаби олї дохил шавам ва љои кор ёбам. Њоло кўшиш мекунам худам мушкиламро њал кунам, бо хости Худо ва кўмаки дугонањои њамќисматам аз њамин шабака". Занону духтарон дар љомеаи мо нисбат ба ВНМО бештар осебпазиранд. Агар ба духтар ташхиси ягон бемории љинсї гузошта шуд, ў њамоно ба сабукпої муттањам мешавад, агарчї роњњои ѓайриљинсии гирифтор шудан мављуданд. Хешовандони шавњар, ки писарашонро дар њар њолате набошад ќабул ва дастгирї мекунанд, њамсари ўро, њатто агар кўдак дошта бошад, аз хона меронанд. Ин занњо аксаран љои рафтан, ѓайр аз зери дор, надоранд. "Дар кишварњои ѓарб миёни занони гирифтори ВНМО фоњишањою истифодабарандагони мухаддирот зиёданд. Аммо дар кишвари мо њолат баръакси он аст: бештари занони гирифтори вирус, ќурбонии шарикони худ, аз љумла шавњарон шудаанд", - мегўяд Њайдарова. "Ѓайр аз ин, аз сабаби дастрасии паст ба тањсил ва маълумот, занони мо њуќуќ ва имконоти худро намедонанд ва бинобар ин мавриди таъбиз мегарданд. Чунин фишор метавонад ба худкушї низ расонад". Соро њангоми марг шавњарашро муњофизат мекард. Наздиконаш хоњиши охирини ўро иљро намуданд ва ба Маъруф кордор нашуданд. Пас аз ним сол, тобистони соли 2011, Маъруф низ љон дод. Оѓози зимистони соли гузашта, ба Мирањмад аз дењаи њамсоя иљозаи вуруд ба марзи Русияро надоданд. Тањлил нишон дод: ў ВНМО дорад…

Мувофиќи гузориши ЮНЕЙДЗ дар соли 2013, рушди ВНМО дар Тољикистон дар солњои 2005-2011 бетаѓйир монда аст, яъне, суръати афзоиш ё камшавии он дар муќоиса бо мамолики дигар ночиз аст. Миёни истифодабарони мухаддироти тазриќї пањншавии вирус дар соли 2012 њудуди 20% ташкил медод. Тољикистон ба гуруњи мамолике дохил аст, ки дар соли 2011 20-39% беморон дар он табобати зиддиретровирусї гирифтаанд. Бештар аз 75% маблаѓгузории барномањои мубориза бо вирус ва аломати норасоии масунияти бадан аз мамолик ва созмонњои хориљию байналмиллалї мебошад.


ЯК ЊАФТАИ ЉОМЕА

Мухолифат ба фањшо Хадамоти алоќаи Тољикистон бо пахши як иттилоия аз ширкатњои интернетрасони кишвар даъват кардааст, ки бо истифода аз технологияњои муосир дастрасии наврасонро ба "сайтњои фањшу бемаънї ва хусусияти зўроваридошта" мањдуд кунанд.

Абдулѓанї АБДУЛВАЊЊОБ

Дар иттилоияи Хадамоти алоќа, ки рўзи 9-уми апрел пахш шудааст, ин нињод дар баробари зикри љанбањои мусбати интернет таъкид кардааст, ки "он бар замми хубињо як ќатор камбудию норасої ва зарари беандоза њам дорад. Ба мисоли сайтњои фањшу бемаънї, бозињои онлайнї ва зўроварї, ки ба мафкураи кўдакону наврасон таъсири манфї мерасонад. Онњоро аз роњу равиши одамгарї бероња месозад ва ба зўроварию куштору дигар корњои аз одоби инсонї берун њидоят мекунад." Ба назари масъулони Хадамоти алоќаи кишвар, ин ташвиќот ба урфу одат ва одоби шарќиёнаи сокинони Тољикистон таъсири манфї расонда ва "љавононро аз хондану фикр кардан дур месозад". Бо назардошти ин, Хадамоти алоќа пешнињод кардааст, ки истифодаи интернет дар кишвар аз тарафи наврасони то 16-сола зери назорати ќатъї гирифта шавад. "Хубтар мешуд, ки имрўз провайдерони мо аз технологияњои муосир истифода карда, пеши роњи кўдаконро аз ворид шудан ба сайтњои фањшу бемаънї ва хусусияти зўроваридошта мегирифтанд ва барои кўдакону наврасон ин намуди сайтњоро иљозат намедоданд ва љомеаро

аз корњои бемаънї эмин медоштанд",-таъкид кардааст Хадамоти алоќа. Њарчанд ба назари Асомиддин Атоев, рањбари Анљумани интернет-провайдерњои Тољикистон, мањдуд кардани дастрасии кўдакону наврасон ба сайтњои фањшу бемаънї ва хусусияти зўроваридошта аз љониби провайдерњо имкон дорад, аммо наметавонад роњи њалли мушкил бошад. "Чунин сайтњои фањшо ва дорои хусусияти зуроварї дошта мисли дигар сайтњо њар соат пайдо мешаванд. Яъне, мањдуд кардан роњи ягонаву боэътимоди мубориза бо чунин сарчашмањо нест ва аз њама бењтараш рушди фарњанги иттилоотї аст",-мегўяд Атоев. Мусоњиби мо дар робита ба пањлўњои фаннї ё техникии масъала гуфт, "фарз кардем, агар ба Телеком Технолољї мурољиат кунед, онњо як тарифи нав доранд барои кўдакон, ки яке аз роњњояш њамин мебошад. Дар он на танњо роњњои техникиву технологї пеш гирифта мешвад, балки он љо падару модарон, мактаб иштирок мекунанд." Дар њамин њол, бархе аз рўњониён, ки аксар ваќт барои љилавгирї аз фањшо дар љомеа даъват мекунанд, аз ин пешнињоди ахири Хадамоти алоќа истиќбол карданд. Аз љумла, Зубайдуллоњи Розиќ, раиси Академияи исломии ЊНИТ, гуфт, "Хадамоти алоќа кори хубе кардааст, агар чунин пешнињод карда бошад ва барои татбиќи он талош кунад. Зеро ин тасмим ва иљрои он метавонад дар тарбияи насли наврас то љое таъсир расонад." Вале мегўяд Зубайдуллои

Розиќ, бо масдуд намудани торнамо ё сайтњои фањшо наметавон пеши роњи афзоиши бадахлоќї дар љомеаро гирифт. Зеро ба андешаи ў, бояд бештар ба тарбияи маънавии наврасон ањамият дод. "Бидуни тарбияи хуб ин гуна иќдом њељ таъсир ва кумаке расонда наметавонанд. Ин њама бояд дар якљоягї бо тарбия анљом дода шаванд. Бояд ќайд намуд, ки масдуд намудани чунин сомонањо танњо роњи њал нест. Зеро дар сурате, ки наврас тарбияи хуб наёфта бошад, ингуна корњо њељ таъсире расонда наметавонанд",-афзуд рањбари Академияи исломии Њизби нањзати исломии Тољикистон. Вай илова кард, "тарбия дар маќоми аввал меистад, манзурам, тарбияи маънавие, ки падару модарон дар хона ва муаллимон бошанд, дар мактабњо медињанд. Дигар роњњо дар маќоми дувуманд." Њоло дар Тољикистон боз кардану дидан ва нусхабардорї намудани матолиби торнамоњои фањшо озод аст. Аммо баъзе аз коргоњњову идорањњо дар дохили корхонаи худ чунин сайтњоро масдуд кардаанд. Дар сурати иљро шудани ин пешнињоди Хадамоти алоќаи Тољикистон як навъ дастрасии љавонону наврасон дар сайтњои дорои матолиби бадахлоќї камтар хоњад шуд, аммо бархе аз огоњон мегўянд, боз кардани сайтњои фањшо аз тариќи филтршиканњо барояшон имконпазир хоњад буд. Аз ин рў, боз њам таъкиди аксарият рўи ин аст, ки љавонону наврасонро бештар аз роњи насињат ва тарбияти хуб дар хонаводаву таълимгоњњо бояд аз бадахлоќї боздошт.

№14 (274) 10 апрели соли 2013

11

Номаи кушод ба президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Љаноби президент! Банда дар давраи фаъолиятам дар Барномаи озуќавории умумиљањонї дар вилояти Хатлон барои муайян кардани сатњи камбизоатии ањолї, дар кадом зина ќарор доштани таъминоти озуќавории онњо дар зиёда аз 25000 хонавода тањлили иќтисодї гузаронидам. Яъне, муайян намудам, ки маљмўи сабади истеъмолии онњо ба даромади якмоњаашон то кадом андоза љавобгў аст.

Беморони рўњиро дастгирї кунед

Дар натиљаи ин тањлилњо ошкор намудам, ки хонаводањои дар онњо беморињои рўњї мављудбуда дар бадтарин вазъ ќарор доранд. Тавре ба њамагон маълум аст, дар оилае, ки як нафар узви он гирифтори бемории рўњї мебошад, њама нороњатанд, зиндагониашон басо талху ногувор аст, њама ахли хонавода гўё аз хушињои рўзгор мањруманд. Ман ба дигарон ва шахсан ба Шумо дурўѓ гуфтанро ба худам бешарафї мењисобам. Беморони касалии рўњї аз хона фирор мекунанд, ањли оила ба љустуљўи онњо сарсону саргардонанд. Њамеша дар хавотиранд, ки ягон амали ношоиста аз тарафи онхо рух надињад. Нафаќапулии чунин беморон хеле ночиз аст ва бо ин нафаќа харидани доруњои зарурї ѓайриимкон мебошад. Бояд гуфт, ки доруњои маризони рўњї нисбат ба дигар доруњои муќаррарї 70-80 дар сад гарон аст. Пеш аз навиштани ин сатрњо сўњбате доштам бо собиќ сардухтури беморхонаи маризони рўњии вилояти Хатлон, ягона номзади илми тиб оид ба касалињои рўњї Алиљон Назаров. ? мегўяд, ки шумораи ин беморињо дар вилоят ба 13 хазор нафар мерасад ва рўз ба рўз афзоиш меёбад. Илми тибби муосир то њоло наметавонистааст, сабабњои пайдоиши ин бемориро сањењ муайян намояд ва барои пурра табобат кардани он ќодир њам нест. Њар гоњ, ки чунин маризонро мебинам, аз чењраи зањиру лоѓар, табъи нохуши онњо аён мегардад, ки ин бечорањо аз истеъмоли доруњои лозимї ва ѓизоњои комилу љавобгў ба сабади истеъмолї бенасибанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки барои таъмин намудани сабади истеъмолї ба нархњои имрўзаи бозор ба як нафар на камтар аз 450-500 сомонї маблаѓ лозим аст. Онњое, ки гирифтори бемории рўњианд, 90-95 дар сад дар оилањои камбизоат зиндагї мекунанд. Беморони касалии рўњй аз мўњтољон дида мўњтољтаранд. Бузургон мегуянд. ки дасти мадад дароз кардан ва шод гардонидани беморон баробари Њаљљи акбар аст. Шумо борњо иброз доштаед, ки намегузорад ягон шахси мўњтољ хор гардад.Сиёсати Шуморо ман ва њамфикронам дар њар ќадам дастгирї мекунем ва бањри амалї гаштани он талош дорем. Аз Шумо илтиљо мекунам, лоаќл ба нафаќаи ночизи ин ќишри ањолї њар моње 200-250 сомонї зам карда шавад. Ин маблаѓ барои харидани доруњои онњо як андоза басанда хоњад буд. Кушодани дорухонањои давлатї дар шањрњои Ќўрѓонтеппа, Кўлоб мушкили касалињои рўњиро хеле осон хоњад кард, зеро маќсади нињоии дорухонањои шахсї танњо ба даст овардани фоида мебошад, на чизи дигар. Аз Шумо хоњиш мекунам, ки љињати кўмаку дастгирии шахсони гирифтори касалињои рўњї дастур дињед, зеро онњо ба дастгирии Шумо бенињоят ниёзманданд.

Бо камоли эњтиром: Сангалї РАЊИМОВ, устоди ДДК ба номи Носири Хусрав


12

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ЊАФТАИ ЊАМСОЯЊО

Шоми якшанбеи њафтуми апрел як дўстам аз њамсоякишварЎзбакистон занг зада пас аз њолпурсї гуфт, ки овозањо дар бораи маризї ва марги президент Каримов тамоми ќаламрави он кишварро фаро гирифтаанд. Аммо њанўз њеч як расонаи њукуматї дар ин бора иттилоъ намедињад ва ба гумон аст, ки дар рўзњои наздик чизе дар робита бигўянд…

Аслиддин ДОСТИЕВ

Гап сари он аст, ки овоза пањн шудааст, аммо дар бештари маврид марги шахси аввали кишвар то замони "зарурї" барои доирањои махсус пўшида боќї мемонад. Дар таљрибаи љањонї њам ин падида таљрибаи нав нест, ба ќавле санљидашуда мебошад. Дар њоли њозир љомеъаи љањониро вазъи феълии Ўзбакистон ва рањбари он нигарон сохтааст.Зеро бо гузашти беш аз 20 рўз саломатии Ислом Каримов пинњон дошта мешавад. Бояд гуфт, баъд аз љашни иди Наврўз, ки дар он Ислом Каримов дар идгоњ мераќсиду онро тариќи телевизион ба намоиш гузошта буданд, Љунбиши мардумии Ўзбакистон эълом дошт, ки "якбора вазъи саломатии президент бад гардида, акнун дар њолати марг карор дорад". Ин њаракати халќї тавассути торнамояш дар интернет навишт, ки Каримов сактаи дил шуда, хатари ба марг расиданаш аз эњтимол дур нест. Ба иттилои ин созмон "њолати саломатии диктатори Ўзбакистон вахим аст". То имрўз ягон вокуниш нисбат ба хабари ин иттињоди опозитсионї аз љониби хукумати Ўзбакистон ироа нашудааст ва ин њолат барои шањрвандони ин кишвар ва њам чомеаи љањонї нигаронии зиёдро ба бор овардааст.Танњо Гулнора Каримова, духтари президент дар блоги интернетии худ гуфтааст, ки саломатии падараш мўътадил буда, рў ба бењбудї овардааст. Ў афзудааст, ки "зиёд нафарон марги президентро мехостанд, вале њамагї мурданду Каримов зинда аст". 27-уми март, дар вохўрии тими милли футболи Ўзбакистон бо дастаи яккачини Ливан, ки бо пирўзии ўзбакњо анљом ёфт, хонум Гулнора ба љои падараш иштирок ва ба минбар барома-

Бањси Роѓун ба мољарои "марг"-и президент нуќта мегузорад да суханронї намуд. Ба гунае њам бону Каримова "худро таќрибан президент" нишон додан хостааст. Ба андешаи сиёсатшиносон, ягона роњи њалли мушкил ва бартараф кардани овозаву њангомањо ин аст, ки ба сурати ољил президент Каримов шахсан бояд ба телевизиони давлаташ ташриф биёрад ва ё аз минбари баланде дар ягон майдони Тошканд суханронї кунад. "Агар як чунин амал иљронашуданист, пас яќин мешавад, ки президент мурдааст".

Даъвогарони курсї. Ва натанњо Гулнора Юнус Сайфуддинов, як коршиноси ўзбак гуфтааст, ки марги Ислом Каримов рўзњои наздик ногузир аст. Аммо элитаи ўзбак онро эълом нахоњанд кард ва он то мавриди муносиб барояшон махфї нигоњ дошта мешавад. Ин амалиёт, ба андешаи Сайфуддинов, ба хотири кашол додани ваќт дар мавриди љойгузини президентро интихоб ва давлатро ба ихтиёраш вогузоштан мебошад. Ба ќавли ў, азбаски дар чумњурї њукмрони асосї як нафар буд, аз ин лињоз интихоби меросхур дар мўњлати кўтоњ номумкин аст. "Барои он ваќт даркор. Њарчанд љойгузини тахти Каримов бисёрињо Гулнораро мебинанд, вале бояд гуфт, ки барои ба сари ќудрат омадан нафаро-

ни дигар њам имкониятњо мављуданд". Аммо дар лањзањои охир имиљи Гугуша (лаќаби Гулнора Каримова) ба тадриљ поин ёфт. Тавре хабаргузорињо аз ќавли атрофиёни Каримов гуфтаанд, бемории президент мањз бо айби Гулнора хуруљ карда будааст. Иттилоъ дода мешавад, ки шоми 19-уми март кормандони маќомоти ќудратии Ўзбакистон ба хотири њифзи шаъну шарафи президенту хонаводаи ў, парвандаи "компроматї"-и духтари президентро бо либосу тунуку тани урён ба ў нишон додаанд, ки боиси ѓазаби оќои Каримов гаштааст. Президент духтарашро даъват карда, ба сараш дод зада, барои ин рафтораш сарзанишу љанљол кардааст. Ва њамон соат гирифтори сактаи дил гардидаст. Писари Каримов аз никоњи аввалааш - Пётр Исломович низ метавонад дар ин сабќат "бахтсанљї" намояд, агарчї коршиносон ба он боваранд, ки Пётр усулан ба ин марњила наздик шуда наметавонад. Аммо дар ин мубориза раќибони асосии хонуми Гулнора- Рустам Азимов, вазири молия, ки муддати зиёд "дўсти наздик"-и Каримов буд ва Шавќат Мирзиёеви точик, сарвазири кишвар ва мањбубтарин шахс барои Ислом Каримов ва шањрвандони Ўзбакистон буда метавонанд. Ахириро њатто рањбари мухолифини ин кишвар, ки дар хорича ба сар мебурад, Муњаммад Солењ њам эътироф карда-

аст. Шавќат Мирзиёев, зодаи шањри Ўротеппаи Точикистон мебошад.

Туркманбошї њам барваќт мурда буд? Дар њамин њол, асноди дурусту нодуруст дар бораи саломатии сарони кишварњои Осиёи Марказї барои аввалин маротиба нест, ки дар ВАО ва интернет пањн мешавад. Чанде сол ќабл матбуоти чањонї дар мавриди ба њалокат расидани Ќурмонбек Боќиев, президенти ваќти Ќирѓизистон, баъди захм бардоштанаш Олмон хабар пахш карда буд. Оќои Боќиев баъди аз табобат ва бозгашт аз Берлин тариќи телевизион ин иттилоъро бепоя хонда, онро иѓво номида буд. Вале, баъди аз ќудрат дур шуданаш маълум гардид, ки дар њаќиќат дар Олмон ба љони ў ќасд кардаанд ва ин амал аз сўи Максим Боќиев, писари президент баъди як муноќишаи оилавї рух додааст. Боз њам расонањои хабарї буданд, ки дар зимистони њафт соли пеш навиштанд: "Марги туркманбошї- Сафармурод Ниёзов чандин рўз пўшида нигоњ дошта шуд".Тибќи иттилоъ, Ниёзов рўзи 15-уми декабри соли 2006 љон дода буд, аммо марги ў баъди шаш рўз, яъне 21-уми декабр эълон гардид. Дар ин муддат, масъулини њукумат дар интихоби љойгузини туркманбошї бањсу талош доштанд. Дар аввал, дар асоси ќарори њукума-

ти марказї ичрокунандаи вазифаи президенти Туркманистон Авазгулдї Отаев интихоб гашта буд, аммо бо сабаби он ки нисбати номбурда парвандаи љиноятї оѓоз гардида буд, ў ба њабс гирифта шуду карераи сиёсиаш њам ба боди фано рафт. Дар натиља, тахт насиби Ќурбонгулї Бердимуњамадов гардид.

Роѓун ва саломатии Каримов Њоло боз бармегардем ба "мољаро"-и саломатї ва курсии Ислом Каримов. Агар воќеан ў тандурусту солим ва… зинда бошад, пас барои исботи ин ва нуќта гузоштан ба сару садоњои матбуоти даврї, рўзњои наздик ўро зарур меояд дар мазњари ом намоён гардад. Агарчї ў рўзи 28-уми март дар љаласаи порлумонии кишвараш иштирок карда натавонист ва овозањоро атрофи номаш боз њам зиёдтар намуд, вале тибќи наќша бояд рўзи 15-уми апрел ба Маскав сафари корї ба анљом расонида, бо њамтои русаш- Владимир Путин мулоќот намояд. Воќеан, дар ин дидор яке аз масъалањои "муњим" барои Ўзбакистон- таќдири барномаи бунёди НБО-и Роѓун бояд баррасї шавад ва ин тарњ ба оќои Каримов њеч ваќт маъќул набуд, ки нашуд… Ва агар президенти њамсоякишвар зинда асту саломат њатман дар Кремл пайдо мешавад, агар не дигар худатон медонед, ки асли ќазия чї аст…


МУШКИЛИ ЊАФТАЊО

Аљоиботи Маљлиси намояндагон

Дар порлумон гоњ "тугмача" кор намекунад, гоњ монитор "мемирад" Дар љаласаи навбатии парлумони Тољикистон вакилони мардумї 7 масъаларо ба баррасї гирифта, ќабул карданд. Агар ќисме аз масоилро вакилон бо раъйдињї тавассути таљњизоти фаннї ќабул карданд, ќисми дигарро бо њамон "усули бобої". Бояд гуфт, дар нимаи дувуми Маљлиси намояндагон дастгоњњои раъйдињї аз кор баромаданд. Албатта, агар ин њодиса дар маќомоти дигар ба вуќуъ ояд, шояд чандон муњим набошад. Аммо дар њокимияти ќонунбарор такрор шудани ин њолат боиси андеша аст.

Дастгоњњои 15-солаи парлумон Тавре зикр кардем, ин бори аввал нест, ки дастгоњњои раъйдињии парлумон њангоми ќабули ќавонин корношоям гарданд. Дар љаласањои ќабл низ вакилон аз ночорї даст боло карда, мавќеи худро рўшан менамуданд. Дар сўњбат ба "Озодагон" Мирољиддин Њакимов, вакил аз ЊХДТ ва узви Коммисия оид ба дастур ва назорати кори Маљлиси Намояндагон, гуфт, ин мушкил хусусияти фаннї дорад. Зеро дастгоњњои мазкур бештар аз 15 сол кор карда, њоло корношоям шудаанд. "Албатта, ин мушкил бартараф хоњад шуд. Барои ин амал фурсат лозим аст, чунки МН тибќи смета ва аз њисоби буљаи давлатї фаъолият дорад. Аз ин хотир, фурсат лозим аст, то мо барои аз нав харидорї намудани таљњизоти зарурї ба буљаи давлатї таѓйиру иловањо ворид намоем. Тавре медонед, мо дар

як сол як бор буљаро ќабул мекунем",-гуфт Мирољиддин Њакимов. Мусоњиби мо дар идома афзуд, дар њар сурат аз кор баромадани дастгоњи раъйдињї барои фаъолияти вакилон њеч мушкилиеро пеш наовардааст.

Кабирї дастгоњњоро иваз карданї буд, аммо Зуњуров рад кард Ин дар њолест, ки Сайидумар Њусайнї, вакил аз ЊНИТ, аз такрори чунин њолат дар парлумон шикоят намуд. Ба андешаи ў, вуљуд доштани машкилоти фаннї ба њокимияти ќонунбарор ќобили ќабул нест: "Дар ибтидои соли љорї низ чунин њолат рух дода буд. Мо маљбур шудем, дастњоямонро боло бардошта овоз бидињем. Њамон замон љаноби Кабирї аз Зуњуров хоњиш карданд, ки имкони иваз кардани таљњизоти фаннї дар мувофиќа бо чанде аз тољирон вуљуд дорад. Аммо Зуњуров гуфт, њукумат худ дар пайи ивази ин техника њаст. Аммо то имрўз дар ин масъала њеч хабаре нест." Ба иддаои Њусайнї, чї гуна вакилон даъвои њифзи манфиатњои мардум мекунанд, замоне ки мушкили худро зуд бартараф карда наметавонанд. Аммо Исмоил Талбаков, вакил аз ЊКТ, бо ишора аз вобастагии парлумон ба буљаи давлатї гуфт, вакилон аз ин воќеа набояд нигарон бошанд. Ба гуфтаи ў, кумитаи марбут ба ин масъала машѓул буда, дастгоњњои мазкур њатман таъмир хоњанд шуд.

Њукумат нисбат ба парлумон беэътиної мекунад? Дар њамин маврид Сайидумар Њусайнї мегўяд, чї гуна баъзе вакилон аз имконияти мањдуди буљаи давлат мисол меоранд, дар њоле ки њар љаласа парлумон ширкатњоро аз молиёт озод карда, ё њамчунин чанд созишномањои ёрињои бебозгаштро тасдиќ мекунад. Ин вакил аз ЊНИТ аз он дар тааљљуб аст, ки чї гуна парлумон барои бартараф кардани мушкилоти фанниаш ољиз аст. Сабаби аслии зуд бартараф нагардидани ин масъаларо љаноби Њусайнї дар бетаваљљуњии њукумат нисбат ба Маљлиси Намояндагон арзёбї мекунад. Бояд гуфт, аз кор баромадани дастгоњњои раъйдињї ягона мушкили фаннии парлумон нест. Дар ин авохир барои хабарнигорон низ назорат бурдан аз рафти иљлос дар баъзе њолат мушкил мегардад. Тавре маълум аст, хабарнигорон берун аз толори маљлис нишаста, мубоњисаи вакилонро назорат мекунанд. Вале њангоми баргузории љаласањои парлумонї баъзан садо ќатъ мегардад. Гузашта аз ин, њолатњое њам кам нестанд, ки монитор хомўш мешаваду дар толори парлумон чи мегузарад, ноаён мемонад. Маврид ба зикр аст, ки монитор дар парлумон дар ду њолат хомўш мешавад. Тавре гуфтем, баъзан бо сабабњои техникї. Вале боз њастанд њолатњое, ки раиси парлумон Шукурљон Зуњуров дар рафти бањсњои љиддї хоњиш мекунад, то монитор хомўш карда шавад.

Њумайрои БАХТИЁР

№14 (274) 10 апрели соли 2013

13

Номаи "ногањонї"-и Иззатулло Шарипов ба волидони Њамза Икромзода

Волидони Њамза Икромзода, ки соли гузашта дар мањбасе дар Душанбе њалок шуд, мегўянд, бо имзои Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонњои Тољикистон, нома дарёфт кардаанд. Дар ин нома гуфта шудааст, ки ќазияи марги Њамза Икромзодаро Додситонии кулл пайгирї дорад ва њар суолу дархост бояд ба онњо пешнињод шавад. Ин нома, ки ба ќавли пайвандони Њамза Икромзода санаи 12-уми марти соли љорї навишта шудааст, рўзи њаштуми апрел ба дасти онњо расидааст. Волидони Њамза мегўянд, ин номаи Иззатулло Шарипов барояшон ногањонї буд, зеро онњо аз оќои Шарипов ба таври хаттї дархосте накарда буданд. Илова бар ин, онњо нигаронанд, ки Иззатулло Шарипов дар оѓози номаи худ марги Њамзаро "худовезї" номидааст. Њамза Икромзода, сокини рустои Хирманаки ноњияи Њисор, ки дар зиндоне дар Душанбе нигањдорї мешуд, моњи ноябри соли гузашта њалок гардид. Наздикони ў бо такя ба ќавли бархе аз мањбусон ва осори шиканља дар бадани фарзанди худ мегўянд, ў аз сўи маъмурони зиндон ба њалокат расидааст. Дар њоле ки маќомот ин иддаоро рад карда мегўянд, ин танњо як худкушї буд. Њатто худи Иззатулло Шарипов дар оѓози ин ќазия гуфта буд, "касеро, ки боиси марги Њамза Икромзода шудааст, Худо мезанад". Њоло волидони Њамза Икромзода мегўянд, натиљаи тафтиши Додситонии кулро мунтазиранд. Ба ќавли онњо, дар сурате ки Додситонии кул њам ба додашон нарасад, ба додгоњи байналмилалї шикоят бурда, ќазияи марги писари худро рўшан хоњанд кард.

СБП: "Агроинвестбонк"-ро дар ихтиёри хориљиён гузоред Сандуќи байналмилалии пул "Агроинвестбонк"-ро бори зиёдатї барои буљаи давлат арзёбї карда, пешнињод кардааст, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориљиро љалб намояд.

Як њайати коршиносони Сандуќи байналмилалии пул, ки зери роњбарии Љонатон Дан барои омўзиши вазъи иќтисоди Тољикистон аз 28-уми март то 9-уми апрел дар Душанбе ќарор дошт, ба хулосае омадааст, ки барои нигоњдории арзиши "Агроинвестбонк" ва маблаѓњое, ки барои ин муассиса сарф шудаанд, љалби мутахассисони шинохтаи хориљї зарур аст. СБП ба Бонки миллии Тољикистон тавсия додааст, то љалби муттахассисони хориљї ба фаъолияти ќарздињии "Агроинвестбонк" роњ надињад. Барои кам кардани харољоти давлатї барои нигоњдории вазъи муътадил дар "Агроинвестбонк" Сандуќи байналмилалии пул ба њукумати Тољикистон зарур донистааст, ки тавассути гузоштани сањмияњои бонк дар бозорњои љањонї онро аз нав хусусї гардонад. Инчунин СБП мегўяд, њукумат бояд ба бозгардондани ќарзњое, ки то њол ба "Агроинвестбонк" баргардонда нашудаанд, таваљљуњи махсус зоњир кунад. Аввали соли љорї Сафаралї Наљмиддинов, вазири молияи Тољикистон, зимни як нишасти хабарї изњор дошт, ки барои рањоии "Агроинвестбонк", аз њолати ногувор давлат 51 дарсади сањмияњои ин бонкро харидорї кардааст. Вазири молияи Тољикистон рекапитализатсияи "Агроинвестбонк" - ро як падидаи маъмулии низоми бонкї хонд, ки дар замони буњронї тадбиќ мешавад. Ба иттилои вазир дар натиљаи аудити "Агроинвестбонк" маълум шуд, ки 37 адад ќарзи гирифта аз ин бонк баргардонда нашудаанд ва вазъияташ ногувор аст: "Ширкатњое, ки аз Аргоинвестбонк ќарз гирифтаанд, њоло њам фаъоланд, вале тавони бозпас додани маблаѓњоро надоранд. Мо барои рўйпўш кардани ин ќарзњо барои 8 сол дар њаљми 500 миллион сомонї ќоѓазњои ќимматнок нашр кардем. Њамчунин 200 миллион сомонї, чун муассиси ин бонк сармоягузорї намудем ва акнун сањми њукумат дар ин бонк 51 фойизро ташкил мекунад". Вазири молия маќсад аз ин иќдомро њимояи сањњомони бонк гуфт, ки теъдодашон бештар аз 20 њазор нафарро ташкил медињанд. Ў изњор дошт, ки давлат аз ин кор манфиатдор нест ва њар чї зудтар масъулини "Агроинвестбонк" маблаѓњои буљаро гардонанд, њамон ќадар метавонанд сањмияњои худро бозпас гиранд. Ќаблан масъулини "Агроинвестбонк" дар суњбат бо хабаргузорињо вазъи ногувори бонкро ба он рабт доданд, ки дар доираи барномањои давлатї барои рушди соњањои гуногуни Тољикистон ќарзњои дарозмуддат додаанд ва то њол бозпас нагирифтаанд.


14

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ТАВСИЯИ ЊАФТА

Фатвои донишмандон:

"Ба Байт-улмуќаддас наравед!!!" Рўзи 28.03.2013 дар фурўдгоњи Душанбе бо љамъе аз пирамардон ва пиразанон, ки аз бист нафар иборат буданд, аз зиёрати Масљид-ул-аќсо баргаштанд. Дар ин сафар њар шахс 2400 долар сарф кардаанд. Љамъољамъ 48 њазор долар. Бояд ќайд кард, ки мо мусалмонњо ба људоиандозињои љуѓрофї, забонї, урфу одатњо, анъанањо мўътаќид нестем, таассуботи ѓайри мантиќї агарчи ин њамаро эњтиром дорем ва муќаддас мешуморем. Мо мўътаќид њастем, ки ќомати чун сарв болои исломи нобро, ана њамин таассуботи миллї замоне шикаста буд, ки то имрўз мо аз он ранљ мебарем. Рўйи ин асос, сарбаландии як мусалмон дар он тарафи машриќзамин, сарбаландии мо њам њаст ва шикасту хории як мусалмон дар он кунљи маѓрибзамин, маънои шикасту хории њамаи моро дорад.

Байт-ул-муќаддас: муќаддас аст, аммо...

Љойи бањс нест, ки Байт-ул-муќаддас дар ќомуси шариати мо њамчун макони муќаддас шинохта мешавад. Дар Ќуръон сурае бо номи "Исроъ" номгузорї шуда аст, ки маънояш "сайри шабона" мебошад. Худованд дар ояи аввали сураи "Исроъ" гуфта аст: "Пок аст, он зоте, ки сайр дод бандаи худро шабона аз Масљид-ул-њаром (ки дар Макка љойгир аст) ба сўйи Масљид-ул-аќсо (ки дар Фаластин љойгир аст), он маконе, ки мо дар атрофи он баракот додаем, то намоиш бидињем барояш баъзе аз далоили азамати худро. Дар њаќиќат ў (таоло) шунаво ва биност." Сураи Исроъ, ояи 1, Тафсири "Ал-Васит"-и Сайид Тантовї, 1/ 2588,2589 Ѓайр аз ин дар чандин ояњои Ќуръон ба муќаддас ва муборак будани ин макон ишора шуда аст. Ниг: Сураи Аъроф, 137; Анбиё, 71; Анбиё, 81; Сабаъ, 18; Соффот, 113; Моида, 21. Абуњурайра (р), Абусаиди Худрї ва Абдуллоњ ибни Амр ибни Ос аз Паёмбар (с) ривоят кардаанд, ки: "Рахти сафар танњо ба сўйи се масљид баста мешавад: Масљидул-њаром ва масљиди Расул (с) (Мадинаи мунаввара) ва Масљидул-аќсо." Ривояти Бухорї, Муслим, Абудовуд, Тирмизї, Насої, Ибни Моља, Ањмад ибни Њанбал ва ѓайра. Воќеаи сайри шабонаи Паёмбар (с) ба самти Байт-ул-муќаддас, яке аз њодисањои бузурги таърихї дар њаёти нубуввати Расули акрам (с) дониста мешавад. Муаррихон дар робита ба замони ба вуќўъ пайвастани ин њодисаи таърихї, ихтилофи назар доранд. Сафийу-р-рањмони Муборакфурї дар китобаш "Ар-

рањиќ-ул-махтум" тамоми ин назарњоро љамъоварї карда, чунин навишта аст: "Вобаста ба таъйини замони воќеъшавии ин њодиса, рўйи чанд ќавл ихтилофи назар аст. Якум: ин њодиса дар соли аввали нубувват ба вуќўъ пайваст, ки ин раъйро имом Табарї интихоб кардаанд, дуюм: воќеаи "Исроъ" соли панљуми биъсати Паёмбар (с) рух дод, ки имом Нававї ва Ќуртубї њамин назарияро бартарият додаанд, сеюм: шаби 27-и моњи Раљаби соли 10-и нубувват, чорум: шонздањ моњ ќабл аз њиљрат, яъне моњи Рамазони соли 12-и нубувват, панљум: як солу ду моњ пеш аз њиљрат, аниќтараш моњи Муњаррами соли 13-и нубувват, ќавли шашум ин аст, ки воќеаи "Исроъ" як сол пеш аз њиљрат, даќиќтараш моњи Рабеъ-ул-аввали соли 13-и њиљрї ба вуќўъ пайваста аст. Се ривояти аввал ќобили ќабул нест, бо ин далел, ки њазрати Хадиља (р) моњи Рамазони соли дањуми нубувват вафот кардаанд ва вафоташон пеш аз фарз гаштани намозњои панљгона буд. Миёни донишмандон ихтилофе нест, ки намозњои панљгона шаби "Исроъ" фарз гашта аст. Аммо вобаста ба се ќавли боќимонда, ман далеле пайдо накардаам, ки якеро бар дигаре бартарият дињам. Танњо аз равиши сураи "Исроъ" њаминро гуфтан мумкин аст, ки воќеаи "Исроъ"-и Паёмбар (с) хеле дер ба воќеъ шуда аст." Ниг: Њамон манбаъ, 1/108 Инчунин донишмандон дар гузашта оиди фазилати Байт-ул-муќаддас, китобњои алоњида таълиф кардаанд. Барои намуна метавон китоби "Фазоилу Байт-ил-маќдис"и Зиёу-д-дин Муњаммад ибни Абдулвоњид ибни Ањмади маќдисии њанбали (569-643)-ро ном бурд. Шоистаи ёдоварист, ки Паёмбар (с) ваќте ба Мадинаи мунаввара ќадам гузоштанд, аз љониби Худованд фармон гирифтанд, то дар намозњо ба самти Байт-ул-маќдис рўй биёранд. Бо њамин Паёмбар (с) якчанд моњ ба самти он намоз гузориданд. Ниг: Аллома Ибни Касир; Тафсири Ќуръони азим; 1/391 бо наќл аз Ибни Аббос (р). Аз Барроъ ибни Озиб (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) шонздањ ё њабдањ моњ ба самти Байт-ул-маќдис намоз гузориданд ва доим дар

орзўи он буданд, ки рўзе фаро расад, то ба самти Каъба намоз гузоранд. Ниг: Аллома Ибни Касир; 1/453, имом Ќуртубї; 2/158

Ба зиёрати Байт-ул-маќдис наравед!!!

Сиёсати имрўзаи пешгирифтаи режими Изроил дар робита ба таомулаш бо кишварњои исломї, хусусан муносибаташ бо мардуми ситамдидаи Фаластин, назари донишмандонро оиди зиёрати ин макони муќаддас таѓйир дод. Аз соли 1948 инљониб хоки Фаластин зери режими ишѓолгари сањюнистон ќарор дорад. Яке аз мутафаккирони арабї, узви иттињоди љањонии олами ислом, тањлилгари сиёсии шабакаи "Ал-Љазира", Мунир Шафиќ таъкид карда аст, ки ањли Фаластин ва Байтул-муќаддас њуќуќи ба таври озод зиёрат намудани Масљид-ул-аќсоро надоранд. (Сомонаи доктор Юсуфи Ќарзовї: www.garadawi.net) Мутобиќи муќаррароти кишвари ишѓолгари Изроил, шањрвандони Фаластин, ки берун аз хоки ин сарзамин зиндагї мекунанд ё фаластинињое, ки синну солаш њанўз ба чил нарасида аст, њаќќи зиёрати "Масљид-ул-аќсо"-ро надоранд. Шайх Роид Салоњ, роњбари Њаракати исломї дар Фаластин, ки бо номи "Шайхи Аќсо" машњур аст, тибќи муќаррароти давлати ишѓолгари яњудї њаќ надорад, ки ба зиёрати ин макони муќаддас биравад. Зеро ў њамеша нисбати зулму истибдодгарии ин кишвар садо баланд мекунад ва ин амал ба "табъи нозуки" ишѓолгарон хуш намеояд. Бо назардошти вазъи феълии кишвари Фаластин ва мардуми мазлуми он, донишмандони озодандеши муосир, минљумла, раиси иттињоди љањонии уламои ислом, шайх Юсуф Ќарзовї, собиќ ректори донишгоњи Азњар, доктор Ањмад Умар Њошим, тамоми аъзоёни робитаи уламои Фаластин, зиёрати Масљидул-аќсоро то замоне, ки зери ишѓоли режими Изроил ќарор дорад, мамнўъ медонанд. Собиќ шайхи Азњари шариф, шодравон Сайид Тантовї низ дар ибтидо ба њамин андеша буд ва њатто мегуфт, ки то Фаластин ба пуррагї аз зери дасти ин режим озод нашавад, ман ба зиёрати Масљидул-аќсо намеравам. Вале солњои охири фаъолияти худ шайхи Азњар

бо сабабњои дар зоњир номаълум, аз раъйи худ баргашт ва зиёрати Байт-ул-муќаддасро таъйид намуд. Вазири ваќти Авќофи Миср, доктор Њамдї Заќзуќ низ аз ин назари ахири шайхи Азњар хуш истиќбол намуда, зиёрати ин макони муќаддасро раво донист. Њамин буд, ки мутафаккири машњури арабии фаластиниасл, Мунир Шафиќ соли сипаришуда фатвои вазири Авќофи Мисрро бо лањни хеле тунд рад намуд. (Сомонаи доктор Юсуфи Ќарзовї: www.garadawi.net) Яке аз муборизтарин ва пешгомтарин шахс дар ин майдон, шайх Юсуф Ќарзовї мебошад. Номбурда аз аввалин донишмандоне аст, ки оиди мамнўъ будани зиёрати Байт-ул-муќаддас дар вазъи феълї, таќрибан дањ сол пештар дар китоби "Фатовои муосир"-аш фатво содир намуд. Ў назари худро болои чунин далоил асоснок намуда аст: 1. Ислом барои мусалмонон дар њолатњои сахтї, истифода аз силоњи ќатъи робитаро ба њама навъњояш, аз ќабили ќатъи робитаи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, вољиб гардонида аст. 2. Таомули мо бо душманон (манзур режими Изроил аст) чунин зиёнњоро дар бар мегирад: ќувват додани камари душманон, мустањкам намудани пояњои иќтисодии онњо, идома ёфтани таљовузкории душманон алайњи мо. Илова ба он фоидањои моддї ва маънавие, ки онњо аз ин зиёрат ба даст меоранд. Ин њам як навъе аз њамкорї бо душманон аст, ки бе шубња чунин њамкорї шаръан њаром аст. "Ва дар корњои нек ва таќво бо њам њамкорї кунед ва дар корњои маъсият ва таљовузкорї њамдигарро кўмак накунед." Сураи Моида,2 3. Таомул бо душманони ишѓолгар, ба ин тартиб, ки онњоро дар диёри худ истиќбол гирем ва ба кишварашон сафар намоем, рафтарафта, обу ранги оддї мегирад, таомуламон бо онњо табиї мегардад ва њама таљовузкории онњо фаромўш мешавад. Худованд фармуда аст: "Эй мўминон, душмани ман ва душмани худатонро дўст нагиред." Сураи Мумтањина, ояи 1. Ишѓолгарони яњудї на танњо табиї гаштани таомули иќтисодиро бо мо мехоњанд, балки маќсадашон ин аст, ки њама навъи таомул-иљтимої, фарњангї ва таомули динї, ки

хатарноктарин навъи он аст-ранги табииро ба худ касб кунад. 4. Доду гирифти мо бо сањюнистон бидуни ягон шарту ќайду банд, зарарњои нињоят хатрнокро ба бор меорад ва љомеаи исломиамонро бо нашри фасод, амалњои разила, бебандуборие, ки худашон дар асоси он тарбият ёфтаанд ва дар ин роњ "устоди забардаст" ва мудири он гаштаанд, зери хатар мегузорад. Шайх Ќарзовї дар идома чунин оварда аст: "Дар асоси ин далоили зикрёфта ман ба ин боварам, ки сафар ё саёњат ба давлати ишѓолгари Изроил, барои касоне, ки аз ањли Фаластин нестанд, шаръан њаром аст, агарчи худи зоирон номи ин сафарашонро "Саёњати динї" ё "Зиёрати Масљид-ул-аќсо" њам номгузорї кунанд. (Сомонаи расмии шайх Ќарзовї: www.garadawi.net) Тарзи таомули мо дар муносибат ба зиёрати ин макон бояд ба таомули њазрати Усмон (р) монанд бошад. Ваќте соли шашуми њиљрї мушрикони Макка Паёмбар (с)-ро аз зиёрати хонаи Каъба манъ карданд, вале ба Усмон пешнињод карданд, ки агар майл дошта бошад, худаш хонаи Худоро зиёрат кунад. Њазрати Усмон ин пешнињодро рад намуд ва гуфт, ки то Расули Худо ин хонаро зиёрат накунанд, ман њаргиз дар атрофи он тавоф намекунам. Ниг: Сафий-ур-рањмони Муборакфурї, Ар-рањиќ-ул-махтум, сафњаи 302.

Хулосаи мазњабї Мусалмонон нисбати таќдири якдигар бетараф будан наметавонанд. Ин гуфта ба њама мусалмонњои гузашта чун офтоб равшан буд. Зайну-д-дин Иброњим ибни Нуљайм, маъруф ба Ибни Нуљайми мисрї дар китоби "Бањру-р-роиќшарњи Канзу-д-даќоиќ"-аш оварда аст: "Дар фатовои Базозия овардаанд, ки агар зани мусалмоне дар машриќзамин ба дасти душманон асир афтид, барои тамоми мусалмонони маѓрибзамин вољиб аст, ки барои озодии кўшиш кунанд, то он замоне, ки он зан ба дор-ул-њарб (кишваре, ки бо мусалмонон дар њоли љанг аст) надаромада бошад. Зеро тамоми манотиќи кишварњои исломї, як минтаќа њисобида мешавад." Ниг: Њамон манбаъ, 13/290

Абдуллоњи ОЌИЛЗОДА


ТАСМИМИ ЊАФТА

№14 (274) 10 апрели соли 2013

15

ЊНИТ: "Муросокориро

њукумат нишони ќудрати бепоёни худ донистааст" Раёсати олии ЊНИТ дар љаласаи худ, ки рўзњои 8 ва 9-уми апрел баргузор гардид, аз он изњори нигаронї кардааст, ки шуруъ аз соли гузашта фишор болои аъзо ва масъулини њизб афзоиш ёфтаанд. Дар иттилоияи Раёсати олии ЊНИТ, аз љумла омадааст: "Тањлилу муќоисаи фишору рафторњои масъулин ва маќомот нисбати њизб дар мањалњо нишон медињад, ки онњо бо њам монанд ва тибќи як наќшаву сенария сурат мегиранд. Дар њама љо кўшиши берун кашидани аъзо аз сафи њизб бо роњњои гуногун мушоњида мегардад. Монеъасозї дар фаъолиятњои њизбї, талоши сиёњ кардани чењраи њизб тавассути фаъолони љамъиятиву кормандони маошхўри ташкилоту идорањо, њатто сафарбар кардани баъзе кормандони ташкилотњои динї ваќтњои охир бештар гаштааст". Раёсати олии ЊНИТ таъкид кардааст, ки дар баъзе минтаќањо фазосозии манфї, эљоди хусумат ва ихтилофандозии баъзе афроди масъул, шабоњат ба фитнаи њамон солњое дорад, ки боиси љанги шањрвандї гардид. Тавре Њикматулло Сайфуллозода, сухангўи ЊНИТ ба "Озодагон" иттилоъ дод, иштирокчиёни љаласаи Раёсати олї ишора ба он намуданд, ки пас аз сулњу оштї ва вањдати миллї љомеа вориди як марњалаи оромиш ва њамдигарфањмї гашт, вале њукумат бо сабабњои гуногун, аз љумла рушд пайдо кардани фасоди молї ва идорї, шакл гирифтани усулњои номуваффаќи идораи давлатї, аќибнишинї аз арзишњои демократї ва риоя накардани њуќуќи шањрвандон натавонист аз ин шароит хуб истифодаи матлуб намояд, њатто дар бисёре аз барномањои худ ноком монд: "Чунин ба назар мерасад, ки ба љойи ислоњи иштибоњу љалби имкониятњои тамоми љомеа дар њалли мушкилот, баъзе намояндагони маќомот роњи дигар, яъне эљоди фазои муташанниљ ва нооромро барои рупўш сохтани камбуд ва иштибоњоти хеш пеша кардаанд. Агарчи, њизбњои сиёсї, дар умум љомеаи шањрвандї, аз љумла ЊНИТ тули ин њама солњо аз худ омодагии фаровон барои њамкорї ва кўмак дар њалли мушкилот нишон дода, њамеша дар баробари мушкилот сабрро пеша ва мардумро ба тањаммул дар баробари вазъият даъват намудаанд, аммо маќомот инро нишонаи заъфи љомеъа ва ќудрати бепоёни худ дониста, тањмили бештари фишорњоро пеш гирифтаанд. Њукумат солњои охир, масъулиятњои аввалиндараљаи худ, мисли таъмини љои кор, маошу нафаќаи сазовор, таъмину эњтиромгузорї ба озодиву њуќуќњои шањрвандон

ва ниёзњои аввалияи иснони муосир, мисли об, барќу газ ва гармиро канор гузошта, бештар думболи дахолат ба корњои шахсї ва хонаводагии мардум гаштааст ва мањдудиятњои сиёсиву мазњабии шањрвандонро ба болотарин сатњ дар таърихи кишвар расонидааст". Аъзои Раёсати олии ЊНИТ эљоди ихтилоф ва монеъањоро дар роњ ва фаъолиятњои њизбњои сиёсї, аз љумла ЊНИТ мухолиф ба ќонунгузории кишвар ва рўњияи сулњу вахдат маънидод намуда, вазъияти кунунии кишварро хатарнок барои субот ва амнияти кишвар арзёбї карданд. Сайфуллозода мегўяд, аз тарафи аъзои Раёсати олии њизб роњу иќдоми гуногун барои эътироз нисбат ба рафторњои ѓайриќонунї ва пешгирї аз фишорњо матрањ гаштанд ва ќайд шуд, ки шева ва услуби вокунишњои њизб ба рафтори маќомоти давлатї бояд дар чорчўби манофеъи миллї ва давлатї, пеш аз њама ќонунгузории кишвар сурат бигирад. Инчунин, њадаф аз ин иќдому вокунишњо бояд ислоњи вазъ ва пешгирї аз фишорњои минбаъдаи маќомот алайњи њизб бошад, на ташаннуљу бештар кардани ихтилофот. Аз љумла таъкид шудааст, ки шояд баъзе доирањо манфиатдоранд, ки дар ин соли баргузории маъракаи муњими сиёсї- интихоботи президентї махсус неруњои сиёсиро дар муќобили њам бигзоранд ва бо ноором кардани вазъият њадафњои худро пиёда созанд. Ишора ба он шудааст, ки дар тамоми дунё њукуматњо масъули таъмини амният ва њифзи суботу оромиш дар љомеъаи хешанд ва дигаронро барои риоя ва таќвияти он даъват менамоянд. Аммо дар Тољикистон хилофи ин ба мушоњида мерасад, мањз рафтору кирдорњои маќомоти давлатї аксаран боиси барњам задани амният ва оромиш гашта истодааст ва ќишрњои огоњи љомеъа њукуматро ба риоя ва њифзи субот даъват мекунанд, чун ноумедї фарогири њамаи ќишрњо гаштаааст. Сафарбар кардани ашхоси шубњанок барои халалрасонї дар баргузории нишасту корњои барномавии њизбњои сиёсї (чуноне дар ш. Кулоб ва н. Рудакї сурат гирифт), љамъ овардани гурўњњо аз њисоби занњо ва љавонон аз номи њизбњои сиёсї (мисли гирдињамойии ахир дар пойтахт дар назди бинои сафорати ИМА ва СММ), бо имзои мустаор нашр намудани маводи манфї нисбат ба ањзобу шахсиятњо дар ВАО намунаи корњоеанд,

ки аз тарафи доирањои номаълум барои эљоди фитна роњандозї мешаванд. Бељазо мондани чунин рафторњо боиси пайдо шудани фикрњое мегардад, ки ин њама њалќањои як занљира буда, аз як марказ идора мешавад. Дар кишваре, ки ќонун волоият дорад ва њукумат таъмини субот ва њуќуќњоро вазифаи худ медонад, ба ин гуна амалњо муљозот пешбинї мешавад. Биноан, аъзои Раёсати олии ЊНИТ барои пешгирї аз фишорњо болои аъзо ва масъулини њизб ва роњ надодан ба эљоди бештари ихтилоф пешнињод менамояд: Роњбарияти ЊНИТ дар наздиктарин ваќт ва шароити муносиб мавќеи њизбро нисбат ба вазъияти сиёсиву иќтисодї ва воќеъияти фазои сулњу вањдат ба љомеъа ироа бидорад. Гурўњњои кориеро аз њисоби аъзои Раёсати олї, масъулини њизб ва шахсиятњои бонуфуз ба минатќањо барои вохўрї бо мардум ва кўмак расонидан ба

бахшњои минтаќавии њизб фиристонад. Роњандозии мулоќоту суњбатњо, нашри китобу маќолањо барои равшании бештари њадафу сиёсатњо ва мавќеъи њизб нисбати масоили љомеъа ва ошкор кардани сиёсатњои пешгирифтаи иштибоњии ашхос ва доирањое, ки љомеъаро ба ихтилофоту буњрон мекашонанд. Робитаи зичтар бо аъзои њизб дар мањалњо ва даъвати онњо барои дода нашудан ба њолатњои фитназо, ки аз тарафи баъзе шахсияту масъулин роњандозї мешаванд. Љоннок кардани раванди ќабули аъзо ва эљоди шароити муносиб барои касоне, ки раѓбати узвият дар њизбро доранд. Расонидани кўмаки њуќуќиву маънавї ва иттилоотї ба касоне, ки мавриди фишор ва њуќуќвайронкунї ќарор мегиранд. Раёсати олии ЊНИТ маќомоти иљроияи њизбро вазифадор намуд, ки василаву мехнизмњои амалишавии иќдоми мазкурро омода намояд.

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС:

Зафари СЎФЇ

МУЊАРРИР:

Азизи НАЌИБЗОД

САРМУЊАРРИРИ ХАБАРГУЗОРИИ «ОЗОДАГОН»:

www.ozodagon.com Хилватшоњи МАЊМУД

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА

ТАРРОЊ: Аслиддини ЉУМЪА

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, х. Саъдии Шерозї – 16. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99

Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст

дар тамоми минтаќањои Тољикистон ва шањрњои Самарќанд, Кобул, Тењрон, Машњад, Олмотї, Бишкек, Москва, Санкт-Петербург Екатеринбург

пањн мегардад.


16

№14 (274) 10 апрели соли 2013

ЊИКОЯТИ ЊАФТА

www.ozodagon.com НАХУСТИН ХАБАРГУЗОРИИ МИНТАЌАВИИ ТОЉИКЇ


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.