Olamoro#3(March-2013)

Page 1

Тçíîìà àç ìî³è ñåíòÿáðè ñîëè 2008 íàøð ìåøàâàä

ЗЕБО БОЌИЕВА - ЃОЛИБИ ОЗМУН Даври нињоии озмуни «Муаллими соли Тољикистон-2013» дар шањри Хуљанд бо иштироки 7 нафар ѓолибони даврањои аввали ин сабќати њунару истеъдод дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №5 баргузор гардид. Омўзгорони фаъолу эљодкор Муборак Муњиддинова (МТМУ №20), Оминахон Ќаюмова (МТЃ “Паймони азизон”), Дилфуза Ѓафурова (МТМУ№16), Раъно Њољиева (МТМУ№12), Зебо Боќиева (МТМУ №28), Рухсатой Файзиева

(МТЃ “Гулчини маърифат”), Гулнора Мањмудова (МТМУ №17) бо муаррифиии фаъ-олияти педагогии худ дар таълиму тарбияи насли наврас ва посух ба саволњои пешнињодгардида дар њузури њайати доварон баромад карданд. Дар ин чорабинии њунару истеъдод сардори раёсати маорифи вилояти Суѓд Саидмухтор Љалолов ва муовини Раиси шањри Хуљанд Муњаббат Бобољонова иштирок карда, рафти баргузории озмунро мушоњида карданд. Дар натиљаи љамъбасти шартњои озмун ва бар-

ВАТАНИ НАВРЎЗ

Базми гул дар чамани Наврўз аст, Даври гул-гулфикани Наврўз аст. То ба гардун сухани Наврўз аст, Тољикистон Ватани Наврўз аст. Бўи Наврўз расад аз њама дар, Рўи Наврўз расад аз њама дар. Њама дар пироњани Наврўз аст, Тољикистон Ватани Наврўз аст. Ном Наврўзу насаб Наврўз аст, Исми њар бахтталаб Наврўз аст. Фасли армоншикани Наврўз аст, Тољикистон Ватани Наврўз аст. Сабзгун пуштаву сањрои ватан, Сабзпўш аст њама љои ватан. Сабз љон дар бадани Наврўз аст, Тољикистон Ватани Наврўз аст.

гузории дарсњо дар даври аввал ѓолибият насиби омўзгори фанни забони англисии МТМУ №28 Зебо Боќиева гардид. Мудири шўъбаи маорифи шањри Хуљанд Акрам Аслонов зимни табрикоти хеш таъкид кард, ки иштирок дар ин озмун худ диловарию матонат ва љасорату мардонагиро талаб мекунад ва њамаи довталабони имрўза воќеан фидоии маориф ва дилбастаи касби пуршарафи омўзгорї мебошанд. Дар љамъбасти озмун сардори раёсати маорифи вилояти Суѓд Саидмухтор Љалолов

суханронї карда, ба иштирокчиён ва ѓолиби озмун барору комёбињо таманно намуд. Сипас дар вазъияти тантанавї ба њамаи иштирокчиён ва ѓолибони даври аввал сипоснома ва туњфањои хотиравии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд ва шуъбаи маориф таќдим гардид. Ѓолиби озмуни «Муаллими соли Тољикистон-2013» Зебо Боќиева бо ифтихорнома, туњфаи хотиравї ва лентаи рамзии «Муаллими сол-2013» ќадрдонї карда шуд. Нўъмон РАЉАБЗОДА

«МАН КАСБАМРО ТЕХНИКОНИ НАВРАС ДЎСТ МЕДОРАМ» Бахшида ба иди Наврўзи Аљам бо иштироки мураббияњои фаъолу эљодкор озмуни «Ман касбамро дўст медо рам» баргузор гардид. Аз 32 муассисањои тањ силоти томактабї дар озмуни мањорату ис теъдод 23 нафар довтадовталабон иштирок карда, ба даври љамъбастї 6 нафар бењтаринњо роњ хат гирифтанд. Озмун аз рўи чањор шарт: машѓулият, њисоботи эљодї, саволу љавоб оид ба санадњои њуќуќию маъмурї ва шуѓли дўстдоштаи ман гузаронида шуд. Њайати њакамон ба мањорату истеъдоди њамаи иштирокчиён бањои сазовор доданд ва ѓолибият насиби мураббияи пешќадаму эљодкор аз муассисаи тањсилоти томактабии №12 Назира Алиева гардид. Ба ѓолиби озмун дар вазъияти тантанавї лентаи рамзї, сипоснома ва тўњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Туњфа Мамадљонова, мушовири муассисањои томактабии шуъбаи маорифи шањри Хуљанд

¹03 (43) 27 ìàðòè ñîëè 2013

Бо маќсади таќвият бахшидан ба завќу шавќи хонандагон ба омўзиши илму техника, ихтирокорї, навоварї ва ташаккули тафаккури техникии онњо дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №7 озмуни шањрии «Техникони наврас» баргузор гардид. Дар озмун 235 нафар ѓолибони даври мактабї корњои эљодии худро пешнињод намуданд. Доварон ба мањсули даст ва ихтирооти њар як нафар хонанда бањои воќеї доданд. Дар натиља њафт нафар бењтарин ихтирокорони наврас сазовори љойи аввал гардида, 15 нафар маќоми дуюм ва 25 нафар соњиби љойи сеюм гаштанд. Дар љамъбасти озмун мудири шуъбаи маорифи шањри Хуљанд Акрам Аслонов ва раиси кумитаи иттифоќи касабаи шуъбаи маориф А. Ќањњоров ба ѓолибон диплом ва туњфањои хотиравї таќдим карданд. Дар бахшњои радиоконструкторї Њамзаалї Ўлмасов (ЛИМТТ), авиамоделї Далер Шодиев (МТМУ№17), мошинаи ояндаи коинот Далер Машарифов

Бо муродаш њама дилдода расад, Ба њама бахти худодода расад, Њама љо анљумани Наврўз аст. Тољикистон Ватани Наврўз аст. Муњаммад Ѓоиб

МОДАРНОМА

Зан оинаи оила ва миллат аст ва ќалби зан махзани мењру муњаббат, нури имон ва сидќу сафост. Саодати зиндагї дар калимаи Зан нуњуфта аст. АДАМ МИТСКЕВИЧ Агар тамоми неъматњои дунё аз байн биравад, ба шарте ки зан дар сањнаи њаёт вуљуд дошта бошад, зиндагї боз њам ќобили тањаммул аст. ЖАН ЖАК РУССО Модари мењрубонам! Он гоњ, ки дафтари умрамро бо ангуштњои хотирот вараќ мезанам, туро мебинам ва њарчи пештар меравам, туро бештар мебинам, то он љо ки дигар љуз номи ту нест. АНАТОЛ ФРАНС Њунар, илм ва маърифат бояд зиндагисоз бошад ва барои хушбахтии инсонњо хизмат намояд ЭЉЕТ КОТТОН Зан бо як даст гањвора ва бо дасти дигар љањонро мељунбонад. НАПОЛЕОН Зан дорои чунон ќудрате њаст, ки метавонад башарро аз пастиву гумномї ба баландиву иззат бирасонад. АНДРЕ МОРУА Дар дунё се чиз аст, ки фањми онњо аз тавоноии ман берун аст: Худованд, њаќиќати љањон ва андешаи зан. ЊАЗРАТИ СУЛАЙМОН

(М/Х «Кавсар»), киштии ояндаи обї Умарљон Абулбоќиев (МТМУ№17), автомоделї Абдулатиф Эргашев (М/Х «Паймони азизон»), њимояи шањри оянда Фарњод Зоњидов (гимназияи №24), ихтироъкорї Насимљон Орифбоев (МТМУ№19) ѓолибият ба даст оварда, ба озмуни вилоятї роњхат гирифтанд. Марњабо ЌОДИРОВА, роњбари мањфили «Мухбирони љавон»

Ман аќида дорам, ки занњо бузургтарин падидањои офариниш њастанд. РУСАННО Ибтидо ва асоси њар кори бузург аз бузургии Зан аст. АВГУСТ КАНТ Занонро муњтарам доред, эшон гулњои осмониро дар њаёти замин мекоранд. ШИЛПЕР Модар асоси љомеа аст. Эй зан, ту онї, ки ман мехоњам мехоњам дору надори њастии худро ба поят нисор кунам. ШЕКСПИР


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.