Page 1

Табиати зинда


Шикори ғайриқонунӣ пайомадҳои манфии дарозмуддат барои навъҳои дар хатари нобудӣ қарордошта ва экосистма дорад.

Алафчаронии беш аз андоза дар чарогоҳҳои табиӣ боиси эрозияи хок ва биёбоншавӣ мегардад.

Ҷамъоварии ғайриқонунии наботот ва ҳайвонот боиси ранҷиш ва таҳқири онҳое мешавад, ки ба неъматҳои табиат арзиш қоил ҳастанд.

Буриши ғайриқонунии дарахтон ҷангалро хароб мекунад ва онро барои харобкориҳои баъдӣ осебпазир месозад.


Морхур Дарахтҳои писта ва бодом

Гиёҳи доруӣ

Дарахти себ

Мавзеъҳои табиии харобшуда барои биёбоншавӣ осебпазир мебошанд ва баъд аз ин наметавонанд дар ҳамон сатҳ моро аз обхезӣ ҳифз кунанд.

Мавзеъҳои пурмаҳсул, зебо ва арзишманди табиӣ мумкин аст ба осонӣ ба биёбон табдил шавад.

Фарози кӯҳҳо паноҳгоҳи гиёҳҳо ва ҳайвоноти зебо мебошанд ва ҷангалҳои кӯҳӣ талаботи моро ба тибби суннатӣ, меваҳо ва мағздонаҳо қонеъ месозанд.


Ибтикори мусоидат ба ҳамкории Афғонистон-Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Русия ва Финландия ҳимоят мешавад © Шабакаи зистмуҳитии Зой (www.zoinet.org).

Ҳифозат аз ҳаёти ваҳш, шинондани дарахтон ва ҳимоят аз нигаҳдорӣ ба доштани муҳити пойдор кумак мекунад, ки моро ба ғизо ва сарпаноҳ таъмин менамояд.

Энергияи таҷдидшавандаи дастрас, воситаҳои хурокпазӣ (оташдонҳо) ва воситаҳои гарминигаҳдорӣ роҳатбахширо беҳтар сохта, фишорро бар рӯи ҷангалҳо коҳиш медиҳад ва ба рушди тиҷорат (бизнес) мусоидат мекунад.

Баъзе аз соҳаҳои табиати зиндаи мо ҳамчун соҳаҳои миллии таҳти ҳифозат ва дорои мақоми муҳим муайян шудаанд ва мо бояд онҳоро назорат кунем ва эҳтиром гузорем.

Profile for Zoï Environment Network

Wild Nature storyboard - Tajik  

Wild Nature storyboard - Tajik