Об барои ҳаёт
Ҳангоме ки мо ҷараёни маъмулии оби тозаро дар назар мегирем, мо ба натиҷаҳои нохостае вобаста ҳастем, ки шомили олудагӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди манбаъҳои дастрас мебошад.
Ҳайвоноти парваришӣ аз об вобаста мебошанд, вале обҳои пасмонда аз заминҳои кишоварзӣ метавонанд бо худ партовҳои ҳайвонот ва маводҳои кимиёвиро бибаранд ва таъминоти оби моро олуда созанд.
Тағйири иқлим гардиши обро халалдор мекунад ва ба таъминоти оби мо аз роҳҳои гуногун таъсир мерасонад - об шудани пиряхҳо, тағйири бориши борону барф, тағйири замони ҷараёни об аз кӯҳҳо ва чизҳои дигар.
Боришоти барфу борон дар кӯҳҳо, пиряхҳо ва чашмаҳо сарчашмаҳои гаронбаҳои оби мо мебошанд.
Шустани мошинҳои худ дар дарё ё чашма боис мешавад, ки равған ва маводи кимиёвӣ ба манбаъҳои об омехта шаванд.
Оби олуда ба маводи кимиёвӣ ё бактерия мо ва махсусан кӯдакони хурдсолро бемор мекунад. Кӯдакон дар дараҷаи баланди хатар барои саломатии худ қарор доранд.
Ибтикори мусоидат ба ҳамкории Афғонистон-Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Русия ва Финландия ҳимоят мешавад © Шабакаи зистмуҳитии Зой (www.zoinet.org).
Дар банақашагирии муштарак ва мубоҳисаи боз мумкин аст ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҷалб карда шаванд ва дар натиҷа идеяҳои гуногун барои ҳалли масъалаҳо ба вуҷуд меоянд.
Ҳимояти манбаъҳои об аз олудагӣ ва коҳишёбӣ вобаста ба он аст, ки мо то чӣ андоза обро самаранок истифода мебарем, идоракунии оби партовиро дуруст ба роҳ мемонем ва сифату миқдори обро назорат мекунем.
Об аз манбаъҳои кушода – дарёҳо ва каналҳо – бояд пеш аз нӯшидани одамон ё ҳайвонот безарар гардонида шаванд.