Олудагӣ ва партов
Деҳқонон заҳрдоруҳоро (пеститсидҳоро) барои ҳимояи зироат ва нуриҳои минералиро барои зиёд кардани ҳосил истифода мекунанд, вале оби обёрӣ ин маводҳои кимиёвиро ба обҳои зеризаминӣ ё дарёҳо интиқол медиҳад ва ҳамин тариқ онҳо таъминоти оби моро олуда мекунанд.
Ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан бояд партовҳои худро ба таври амну бехатар анбор кунанд ва ин кор аз ҷониби мақомот назорат шавад, вале ҳангоми ҳодисаҳо ва офатҳои табиӣ олояндаҳо мумкин аст ба дарёҳои маҳаллӣ резанд.
Сӯхтани партов дар ҳавои кушода, ба шумули балонҳои истифодашудаи мошинҳо муҳитро олуда месозад ва ба таври ҷиддӣ ба саломатии ҷамъиятӣ зиён ворид мекунад.
Мо дар макони зиндагии худ партовҳои зиёд истеҳсол мекунем – шишаҳои пластикӣ, мавод барои бастабандиҳо, батареяҳо, партовҳои канализатсия, равғанҳои истифодашуда ва маводҳои кимиёвии манзил.
Сайёҳони кӯҳгард, ки аз рӯи беэҳтиётӣ партовҳои худро мепартоянд, метавонанд ба осонӣ саҳнаи зебои кӯҳистон ва экосистемаро хароб кунанд.
Ҷамъшавии навъҳои гуногуни партов ва олудагӣ дар дарёҳо обро олуда мекунад ва истифода аз дарёҳо бо мақсадҳои гуногун номувофиқ мешавад.
Ибтикори мусоидат ба ҳамкории Афғонистон-Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Русия ва Финландия ҳимоят мешавад © Шабакаи зистмуҳитии Зой (www.zoinet.org).
Дар порки миллӣ партов напартоед!
Мо бояд ба идоракунии партовҳо диққат кунем ва дар коркарди дубораи онҳо саҳм гирем ва навъҳои гуногуни партовро аз нав истифода намоем.
Ҷамъоварӣ, идоракунӣ ва муомилаи дуруст бо партовҳои хатарнок хадамоти мутахассисони таълимдидаро талаб мекунад.
Муҳитро пок ва зебо нигоҳ доред!