Page 1

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 27 (027), ЧОРШАНБЕ 04 декабри соли 2013

КИТОБИ ДАРСЇ ЧЇ ГУНА БОЯД БОШАД? Рози зиндагї

Аз љумла, шоири бузург Масъуди Саъди Салмон чун љинояткори сиёсї 7 сол дар Ќалъањои Дањак ва Су, 3 соли дигар дар Ќалъаи Ной, љамъан дањ соли умри љавонии худро дар зиндон гузаронидааст.

сањ.12

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

10

ЊИКМАТИ ОФАРИНИШИ ОДАМ (Ъ) АЗ ХОК

4

Ташвиши рўзгор

МАЊБУСИ "ЌАЛЪАИ НОЙ"

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

ЗАНБЎРИ ЗАНБЎРХЎР Яке гуфт, ки онро соли 2000-ум намояндагони ким-кадом созмонњои хориљї барои гардолудсозии дарахтон ба Тољикистон интиќол доданд. Дигаре ба ин аќида аст, ки онро "шамоли афѓон" ба Тољикистон овард.

сањ.6 Наќди рўзгор

ГАНЉИНАИ ПУРАРЗИШ

АРМУЃОНИ «ЊАМЕШАБАЊОР»

14

"ПАЁМИ АЛА ТОО" САДОИ ЊАМВАТАН АСТ"

Њанўз даврони побарљо будани Шўравии собиќ, соли 1958 дар дењаи Учќўрѓони ноњияи Ќадамљо (он замон Учќўрѓон ноњияи мустаќил буд), нашрияи тољикї, бо номњои "Байраќи мусобиќа" ва баъдан (соли 1993) "Мављи Исфайрам" ба чоп мерасид. Ин нашрияњо ба теъдоди мањдуд чоп шуда ва фаќат миёни сокинони њамин дења пањн карда мешуданд.

Имсол дар рўзи Дониш Президенти кишвар бо нигаронй изњор дошт, ки баъзе устодони Донишгоњњо (њатто Донишгоњи миллй) њанўз ба донишљўён афсона мехонанд.

Дин ва рўзгор

сањ.7

СУЊУФИ ИБРОЊИМ ЪАЛАЙЊИС САЛОМ Понздањум он, ки: Эй писари Одам, њар чи дорї аз муњтољон боз магир, то Ман низ боз надорам аз ту рањмати худро. Ва гиромї дор мењмони Маро, чунон чи Ман мењмони туро гиромї дорам. Њазрати Иброњим (а) гуфт: Худовандо, мењмони њазрати Ту кист, то ўро гиромї дорам? Вањй омад, ки ...

Синамо ва рўзгор

ШЕЪРИ СИНАМО Ќањрамони филми мо инсони фаъоле нест, ба ин маъно, ки амале аз ў намебинем, ки таъсирашро ба дигар шахсиятњо бигузорад. Ќањрамони филм, љавонест бо рафторњои кўдакона ва сардаргум ...

сањ.9

сањ.11 Аз рўзгори нобиѓањо

АЊМАД ЗОЊИР ВА ТАРОНАСОЗ Баъди чанд лањзае боз Ањмад Зоњир мехоњад сурудхониро бас кунад ва мегўяд: "Бас аст!". Найнавоз мегўяд: "Не, чї бас аст? Њељ чизе дар дунё бас надорад!". Ва даъват мекунад, ки њамон формулаи роки њиндиро аз паси ў такрор кунад...

сањ.15 ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


2

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Оѓози фаъолияти Њукумати нав ва идомаи таѓйиротњои кадрї дар кишвар

“ Шумораи докторони илм дар миёни аъзои њукумат ду нафар афзудаву, номзадњои илм ба њамон теъдод, яъне 7 нафар боќї мондаанд. Дар ин њайат як зан илова шудааст ва акнун ду нафар дар њукумат аз бонувон намояндагї мекунанд. Бино ба гузориши манбаи ёдшуда дар поёни љаласа масъалањои кадрї баррасї шуданд. Бахтия Муњаммадиева ба нафаќа рафтааст ва ба љои вай Гулнора Њасанова, ки Раиси раёсати "Амонатбонк" буд, Директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардидааст. Љамшед Норинов раиси "Амонатбонк" таъин шудааст. Абдувалї Комилов аз вазифаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин шудааст. Њомидљон Њасанов њам аз вазифаи ќаблиаш, муовини вазири мелиоратсия ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон озод ва Директори Агентии бењдошти замин ва обёрии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Ба љои Гурез Зарипов, ки бознишаста шудааст, писари Президент Рустами Эмомалї Раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин шудааст. Ба љои Рустами Эмомалї Ашўралї Мирзоев Муовини сардори Хадамоти гумруки

Сар аз охирин рўзи моњи ноябр Њукумати нави Љумњурии Тољикистон дар њайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатї дар маљмуъ 22 нафар ба фаъолият оѓоз намуд. 13 нафар аз аъзои Њукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Њукумати нави љумњурї 52 сол аст, ки дар ќиёс ба њайати ќаблї 4,7 сол љавонтаранд.

назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Дар бораи таъинотњои дигар њам гузориш дода шудааст. Аз љумла: Мурод Љумъаев аз вазифаи Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод ва Сардори Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин гардидааст. Сарварии Саридораи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ўњдаи Сиљовидин Мирзоев гузошта шудааст. Азизулло Исматов аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод шуда, ба вазифаи Директори Агентии хољагии љангали назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд. Њамчунин Рањматулло Каримов аз вазифаи Муовини вазири мелиоратсия ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон озод карда шудаааст. Аз ин пештар дар бораи аз вазифаи Вазири корњои хориљї озод шудани Њамрохон Зарифї ва ба љои вай таъин шудани Сирољиддин Аслов хабар дода шуда буд. То ин лањзањо сарнавишти Зарифї номаълум боќї мондааст ва коршиносон тахмин мезананд, ки эњтимол ба љои Аслов намояндаи Тољикистон дар СММ ва ё дар кишваре сафир таъин шавад.

Аввалин рўзњои фарњанги Тољикистон дар Лондон

Дар маркази Исмоилияи шањри Лондонпойтахти Британияи Кабир аввалин маротиба дар таърихи кишвар Рўзњои Тољикистон баргузор шуданд, ки муддати ду рўз бо барномањои рангин пазиро ва мизбони сокинони ин шањри ќадимї буд. Рўзњои Тољикистон аз љониби Сафорати Тољикистон дар Британияи Кабир бо пуштибонии Маркази исмоилия дар Лондон ва Намояндагии тиљоратии кишвар дар Британия доир шуд ва ба 22умин солгарди Истиќлолияти Тољикистон бахшида шуда буд.

Дар доираи ин рўзњо њунарманди љавон ва шинохтаи кишвар Мењрнигори Рустам низ бо як барномаи хубу дилписанди консертї баромад кард ва санъати тољикро барои мењмонони чорабинї муаррифї намуд. Ин дуввумин баромади њунарии Мењрнигор дар кишварњои Аврупо зарфи як моњи охир аст. Сафоратхонаи Тољикистон дар Британияи Кабир иттилоъ дод, ки дар чорчўбаи ин чорабинї њамчунин рўзи 27-уми ноябр дар мавзўи "Тољикистон дар асри 21. Дурнамои рушд ва пешравї" семинар доир гардид. Дар миёни касоне, ки ширкат ва суханронї карданд, Сафи-

ри Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолї дар Тољикистон Робин Орд-Смит, сарвари Намояндагии Хазинаи Оѓохон дар Тољикистон А.Песнани, сафири Тољикистон дар Британияи Кабир Эркин Ќосимов, директори минтаќавии Бонки аврупоии таљдиду рушд Масару Хонма, директори Бонки осиёгии рушд дар Тољикистон Чанг Чин Ю, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон Саидрањмон Назриев, намояндаи Љамъияти тољикон ва мардуми форсизабони љањон "Пайванд" Љалол Бадахшонї буданд.

Кашфи ибодатгоњи зардуштї дар Хоразм Бостоншиносон дар канорањои шањри Хоразми Узбакистон куњнатарин маъбади оташпарастонро пайдо кардаанд. Ва гуфта мешавад, ки Хоразми ќадима гањвораи тамаддуни зардуштиён будааст. Дар ин бора ахиран хадамоти матбуотии сафорати Узбакистон дар Љумњурии Тољикистон иттилоъ дод. Бино ба гузориши ин манбаъ ибодатгоњи зардуштиён ба соњили чапи Амударё кашф шудааст. Эњтимолияти он вуљуд дорад, ки зардуштиёни ќадим дар соњилњои ин дарёи бузург зиндагонї мекардаанд. То њол аз се ду њиссаи маъбад, ки андозаи он аз љануб ба шимол 25 метрро ташкил медодааст, боз шудааст. Нишонањои аввалия ин њаќиќатро ошкор мекунанд, ки як маъбади бузурги оташпарастон кашф шудааст. Ибодатгоњ як девори бузурги њифозатї доштааст. Алњол корњои тањќиќотї идома доранд ва бостоншиносон мегўянд интизори кашфиётњои бузургтаре њастанд, ки пањлуњои норушани таърихи минтаќаро бозгў мекунад.

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае,ки гузашт 29 ноябр Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттањид дар Афѓонистон Ян Кубишро ба њузур пазируфт. Бино ба гузориши маркази матбуотии Сардори давлат дар оѓози суњбат Ян Кубиш бори дигар Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмонро ба муносибати пирўзї дар интихоботи навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон табрику тањният гуфта, ба ў ва мардуми кишвар барору комёбї ва амалишавии умеду ормонњоро таманно намуд. Зимни мулоќот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунї ва ояндаи Афѓонистон, аз љумла таъмини амнияту субот ва рушди иљтимоию иќтисодии ин кишвар пас аз соли 2014 баррасї шуд. Гуфтугўйи судманд, њамчунин доир ба авзои кулли минтаќа ва дигар масоили мавриди таваљљуњ сурат гирифт. ххх Рўзњои истироњат вазъ дар Украина ба вахомат гароид ва мухолифони давлат бо роњандозии тазоњуроти густарда хостори истеъфои њукумате шуданд, ки ба гуфтаи онњо сади роњи њамоиш бо Аврупост. Рўзи якшанбе бино ба маълумоти пулис аз 300 то 700 њазор тан дар Киев гирди њам омаданд ва бинои шањрдории пойтахтро ишѓол намуданд. Сарварони мухолифон аз мардуми ин кишвар хостанд, то ба хотири рифоњи кишвар даст ба коршикании умумї зананд ва то барканории њукумати русгаро майдонњоро тарк накунанд. Хабаргузорињо иттилоъ доданд, ки рўзи шанбе дар даргирии пулис бо тазоњуркунандагон дањњо нафар захмї шуданд. Маќомоти интизомї аз калтакњои резинї ва гази ашковар истифода карданд. Гуфтанист дар Украина тазоњурот замоне мављ зад, ки Виктор Янукови билохира созишномаи њампаймонї бо Аврупоро имзо накард. ххх Як силсила бомбгузорињои рўзи љумъаи гузашта дар Ироќ муљиби њалокати бештар аз 50 нафар ва захмї шудани шумори аз ин бештари одамон шуд. Њамзамон маќомот аз кашфи 18 љасади мард дар як киштзори мањалли суннинишини Тармия хабар додаанд, ки ду тани онњо сарварони ќабилањо будаанд. Дар пойтахти ин кишвар се зани њалокшуда бар асари шиканља ва дар вилояти Салоњуддин љасади 7 мардро пайдо кардаанд, ки њалќашонро бурида буданд. Пулиси Ироќ хабар дод, ки дар шањрњои Мосул, Баќуба ва Киркук шахсони номаълум сабабгори марги 23 нафар шудаанд. Умуман бар асари ноамнињои ахир, ки суннињо ба љони шиањо ва шиањо ба љони суннимазњабон даровехтаанд, бештар аз 600 тан кушта шудаанд, ки аз замони хуруљи нерўњои хориљї бесобиќа дониста мешавад. ххх Роњбари ширкати "Serge Kozak"-и Латвия Сергей Литвиненко, ки ахиран аз Тољикистон дидан мекард, хостори бунёди шохањои роњи оњани муштарак шудааст. Номбурда бо љонишини вазири наќлияти кишвар Љумъахон Зуњуров дидор кардааст ва дар љараёни ин мулоќот масъалаи он бахш роњи оњани Осиёи Марказї, ки аз Тољикистон мегузарад, баррасї шудааст. Ширкати ёдшудаи Латвия соли 2008 таъсис шудааст ва њамзамон бо бунёди роњи байналмилалї ба тиљорати ѓалладона низ саргарм мебошад. ххх Чин ба ин бовар аст, ки Њинд аз иќдомоте, ки вазъро дар марзњои ду кишвар муташанниљ месозад, даст мекашад. "Синхуа" истинодан ба маќомоти давлатии Пекин мегўяд, мавќеъи Чин дар таъйини сиёсатњои марзї таѓйирнопазир аст. Президенти Њиндустон Пранаб Кумар Мукередљи ахиран аз минтаќаи Аруначал-Прадеш, ки Дењлии нав ќаламрави худ медонад, дидан ба амал овард. Аммо Пекин мегўяд бахши азими ин минтаќа мутааллиќ ба чинињост. Гуфта мешавад, ки то ин замон ду љониб њассосияти даъвои ќаламравро дарк кардаанд ва Пекин даъват дорад, ки ба ин масъалаи буѓранљ аз дидгоњи манфиатњои халќу миллатњои минтаќа бархўрд кунанд ва нагузоранд, ки ихтишошоте дар заминаи марзї миёни ду кишвар сурат бигирад. ххх Дар вилояти Нангарњори Афѓонистон њавопаймои бесарнишини амрикої сарнагун шудааст. Маќомоти мањаллї даст доштани гурўњњои мухолифи давлат дар ин њодисаро рад кардаанд ва мегўянд тайёра ба иллати техникї ба замин уфтодааст. Аммо Толибон фавран эълон карданд, ки ин њавопайморо мањз онњо сарнагун карданд. Маврид ба ёдоварист, ки 17 июни соли равон дар вилояти Њилманд низ тайёраи бидуни сарнишини амрикоии К-МАХ ва яке аз ду чархболи боркаши низомии амрикої низ сарнагун шуда буд. ххх Рўзи якшанбеи гузашта мухолифони давлати Бангкок вориди бинои њукумати ин кишвар шуданд ва ќасд доштанд сарвазири Таиланд Йинглак Чинаватро дастгир кунанд. Маќомоти амниятї хеле ба мушкил сарвари ин кишварро наљот доданд. Аз ин пештар мухолифон, ки истеъфои њукуматро талаб доранд, бинои телевизиони RBS-ро ишѓол намуданд. Онњо мегўянд то амалї кардани наќшаи худ дар мавриди санагунсозии њукумати ваќт даст аз тазоњурот нахоњанд бардошт.


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

№27 (027) 04 декабри соли 2013

3

Пул ки ба хазина дохил шуд,

киро фикри дониши донишљў?

Бори дигар ба њамаи алоќамандони "Рўзгор" салом арз мекунем. Охирин моњ аз соли 2013 оѓоз шуд, шумораи 27-уми "Рўзгор" ба дастатон мерасад ва агар Худо хоста бошад, бо сиюмин шумора солро ба поён хоњем бурд. Ва дар соли нав сухани нав, матлаби нав, гўшаву сањифањои навро њам хоњед дид. Аз њоло метавонед пешнињод кунед, чун то поёни сол як моњи дигар фурсат дорем.

СЕ ЭРОДИ АЛИШЕР ЌАНОАТОВ БА "РЎЗГОР" Ин њафта дар мавриди шумораи охир се бањси телефонї бо хонандагони худ доштем ва њарчанд ба суолоту шубањоташон посух њам дода будем, вале зарур мешуморем баъзе нукоти он суњбатњоро, ки барои дигарон низ њоизи ањамиятанд, зикр намоем. Хонандаи азизи мо, ки худро Алишер Ќаноатов муаррифї кард, чанд эрод аз шумораи 26 дошт. Аввалин эродаш дар мавриди сањифаи "Сад фарди маъруф" буд. Хулосаи бањс њамон норозигии хонанда аз љойгир кардани шахсиятњо дар рейтинги маъруфият мебошад. Алишер мушаххас намегуфт, ки мањз мавриди назараш кадоме аз ин шахсиятњост, вале дар маљмўъ дарёфтем, ки аз шахсияти муаллифон норозист ва мегуфт, ки ин ду тан то куљо салоњияти муайян кардани маъруфияти бузургмардонро доранд. Тавре хонандагони арљманд медонанд, мо пештар њам зангњои телефонї ва номањо дар ин маврид дарёфт карда будем ва посух дода будем, ки "Сад фарди маъруф" назари њамин ду нафар аз тартибдињандагонаш аст ва мавќеъи "Рўзгор" нест. Њоло ки Алишер Ќаноатов мехост дар бораи муаллифон бештар донад, мегўем, ки Ёр Муњаммад ва Љамил Валиев кормандони Китобхонаи миллии Тољикистон њастанд ва худи Ёр Муњаммад, ки ташаббускори аслии ин рўйхат мебошанд, дар собиќ корманди Энсиклопедияи миллї буда, борњо њангоми омода кардани маќолањо барои Энсиклопедия ба маъруфияти шахсиятњо изњори назарњо хондаву шунидааст. Аз ин рў метавон шахси салоњиятдор дар арзёбии мавќеъи шахсиятњо донист. Вале боз њам таъкид мекунем, ки на муаллифон ва на "Рўзгор" иддио надоранд, ки ин рўйхат бояд чун асос пазируфта шавад. Дуюмин эроди Алишер ба "ситора" номидани сароянда Ситора Азимї аст, ки дар шумораи гузашта суњбаташ чоп шуд. Мо сарояндаро "ситора" наномидем, балки номи эшон Ситора аст. Дуюм, "Рўзгор" дар тайини шахсиятњои фарњангї ва бахусус сарояндагон аз ин истилоњ истифода карданї нест. Зеро ситора будан ё набудани сарояндагон, барандагони барномањои шабакањои телевизионї бастаи чанд тарона ё барномаи сохтаи онњо набуда, арзёбии миллат ва мардум бояд бошад, ки дар нињояти амр ба онњо дода шавад. Яъне, ин гуна эњтиромот ба њунари ин ё он њунарманд бояд аз љониби кулли мардум бошад. Чунонки, њоло касе ба ситораи санъат будани Ањмад Зоњири афѓону Одина Њошим ё Зафар Нозими тољик шаке надорад. Ва мо дар оянда низ нисбати кадоме аз њофизони маъруф њам ин истилоњро истифода карданї нестем. Ва нињоят, сеюм эроди Алишер наќизаи

Сафаралї Раљабов ба як таронаи Афзалшоњи Шодї буд, ки гумон мекунем он як шўхие беш нест ва љиддї гирифтани шўхии як хонанда ба сарояндаи дўстдоштааш чандон муносиб њам нест. Вале он ки Алишер дар бораи шахсияти Афзалшоњ гуфт ва пешнињод кард, ки бо ин сарояндаи маъруф мањз дар хонаи худаш мусоњиба ороем, то он њама экспонатњои аз љониби шахсиятњо таќдимшударо бо чашмони худ бубинему аккосї кунем, ќабул кардем. Аллакай "Рўзгор" ба корманди худ супориш дод, ки аз пайи пайдо кардани Њољї Афзалшоњ шавад ва ин сўњбатро тавре баргузор кунад, ки аз љониби Алишер пешнињод шуд. "МАН ИКРОМИ ДУЗДРО ШАХСАН МЕШИНОХТАМ..." Занги телефонии љолиберо њам доштем, ки сари асари устод Мирсаид Миршакар "Султони дуздњо" мулоњизаронї мекард ва мегуфт, ки ќањрамони онро шахсан мешинохт. Ин хонанда, ки њарчанд исрор кардем аз гуфтани номаш худдорї намуд, гуфт, ки њамон замон корманди маќомоти њифзи њуќуќ буд ва Икромро шахсан ду маротиба дар зиндон мулоќот карда буд. Њоло худро солхўрда меномад ва мегўяд "акун, бачам, одам дар ин синну сол њар гапа нагуяд бењтар, вале навиштаи шоири бузургро хондаму он рўзгор пеши назарам омад". Ин як њаќиќати бебањс буд ва навиштаи устод Миршакар ягон муболиѓа нест. Икром Ќурбонов дузди машњури замони Шўравї буд, инсоне, ки дар њар гўша аз хоки пањновари кишвари шўроњо борњо ба даст уфтодаву зиндонї шудааст, вале аз роњаш нагаштааст. Икром дуруст мегўяд, ки давлати Шўравї ба хотири он ки зиндон дарси адаб шуд, ўро рањо мекард, авф менамуд, вале вай боз дуздї мекард ва баъди муддате боз кораш ба маќомот меуфтод. Ташаккур ба хонандаи номаълуми мо. Он ки њаќиќати як матлаби "Рўзгор" тасдиќ шуд, хуш шудем. Аслан таваќќуи инро њам надоштем, чун матлаб аз љониби шахсе навишта шуда буд, чї он замон ва чї имрўз аз эњтироми хосаи мардум бархўрдор буду њаст. Устод Мирсаид Миршакарро наметавон гуфт, ки ќисса бофтааст ва номи Зайнаббибиро доѓдор кардааст. Асло чунин нест. Устод Миршакар воќеъияти таърихиро рўи об баровардааст ва он ки хонандаи мо, корманди имрўз бознишастаи маќомоти њифзи њуќуќ тайид мекунад, ки ўро шахсан борњо дида буд, далели он аст, ки бо ин ном султони дуздњо буда ва боз њам фарзанди шахсияти маъруфи кишвар аст. ИЌРОРИ ВАЛЕРИЙ ТУРСУНОВ Ва нињоят:варзишкори шинохта, футболбози машњур ва яке аз пуровозатарин њуљумкунандагони тими миллии мо дар

замони Шўравии собиќ ва устоди варзиш Валерий Турсунов баъди хондани як матлаби "Рўзгор" дар бораи худаш ба муаллифи маќола Варќа Зайниддин занг задааст ва изњори сипос кардааст, ки дар њоле ки бистарист, ўро ёд кардем. Шояд инро наменавиштем, вале варзишкори машњур аз он изњори хушнудї кардааст, ки мо баъзе пањлуњои њаёти варзишии ўро навиштем, ки аслан касе то кунун ба он руљўъ накарда буд. Пештар аз ин Абдуманнон Амруллоев, як мухлиси футбол низ дар ин маврид изњори назар карда буд. Номаи хонанда њамоно дар бойгонии мост. Муаллиф менавишт, ки баъзан дилаш мехоњад бо устодони варзиши кишвар ва бахусус онњое, ки дар замони Шўравї шахсиятњои пуровоза дониста мешуданд, мусоњибањо хонад. Ва ќатори чанд чењраи шинохта аз Валерий Турсунов њам ном бурда мешуд. Албатта, пешнињоди хонандаи худро ќаблан њам пазируфта будем ва ин гуна наќша њам дорем. Вале баъди изњори назари Валерий Турсунов тасмим гирифтем ин гуна суњбатро бо эшон зудтар анљом дињем. Мо њам мехоњем боз пањлуњои дигари зиндагї ва варзиши устоди варзишро интишор дињем ва бо ин васила њам варзишгари мумтозро аёдат кунем ва њам хоњиши хонандаро ба љо орем. БАЊСИ КАМПИРИ РУСУ "МАЃЛУБИЯТ"-И МО Аз суњбат бо донишманди шинохта ва муфассири Ќуръони Карим Абдушарифи Боќизода дар мавриди муаммои њаёт ва марги Исо алайњиссалом хеле пањлуњои то ин замон бароям норушанро рушан кардам. Дар њаќиќат ин як бањси муњим будааст, ки то ин замон ба аслаш намерасидам. Чор сол пеш дар шањри Екатиренбурги Русия муњољир будам. Дар хонаи як зани рус, ки синну солаш ба 70 наздик шудаву пайваста ба калисо мерафт ва ибодат мекард, иљоранишин будем. Баъзан дар бораи Исо пайѓамбар бањс њам мекард ва ўро хилофи мо мусалмонон Худо ё писраи Худо мегуфт. Албатта, мо ба хотири мушкил эљод нашудан дар манзили зист дар он бањс худро "маѓлуб" эълон мекардем ва кампир бо виќор, ки ѓолиб шудааст, бароњат рафта мехобид. Мо медонистем, ки хуб нест ин гуна анљом додани бањс. Вале боз меандешидем, ки агар ин кампир то ин замон таѓйири аќида накарда бошад, пас дар синну соли 70 куљо бовар хоњад кард, ки Исо на писари Худо, балки фиристодаи Ўст. Бо шахсе, ки умрашро бо њамин эътиќод пушти сар кардааст, чї гуна метавон ѓолиб њам омад. Аз ин рў худро таскин медодем, ки бигзор ў "ѓолиб" бошаду мо "маѓлуб", вале бе љои зист дар кўча ва дар ќабзаи милисаву скинхедаш намонем.

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

Њоло аз суњбати Боќизода бори дигар эътиќодам ќавї шуд, ки дар њаќиќат Исои пайѓамбарро касе наметавонист бикушад ва ў зинда пеши Худост. Хостори онам, ки ин гуна суњбату муколамањо ва бањсњои илман асоснок зиёд интишор ёбад, то мардум аз гирдоби афсонањо берун оянд. Вале баъди ин суњбат рў ба фалсафаи офариниш овардам ва хостам донам, ки оё дар офариниши Одам (ъ) ва Исои Масењ монандие вуљуд дорад? Мањмадзамон Њайдаров, ноњияи Варзоб "Рўзгор": Ин нома дар аввалин рўзи чоти њафтанома расида буд ва мо суолро ба Абдушарифи Боќизода ироа кардем ва посухи фаврї њам расид, ки бо номи "Њикмати офариниши Одам (ъ) аз хок" дар сањифаи 10 чоп шудааст. Метавонед мутолиа кунед. РАЌСИ "ТАНГО" ДАР МАКТАБ? Ин маќола ("Тангои мактабї...дар раќс директор") маро такон дод. Хеле муттассиф шудам, ки фарзанди ман њам яке аз чунин литсейњо мехонад. Њоло ба љуз гимназияи "Њотам ПВ" ман литсей ё гимназияи дигари пойтахти кишварро ёд надорам, ки номи Тољикистонро бо дониш ва дарки маънавї дар хориљ аз кишвар маъруф карда бошанд. Шояд бошанду ман намедонам? Вале охир ман пайваста рўзномаву маљалла мехонам, бо интернет сару кор дорам, радио гўш мекунам, телевизион тамошо мекунам. Њар дастоварде доранд, дохилист. Аз маќолаи муњтарам Сафаралї Раљаб дарёфтам, ки сохтакорињо дар куљоянд. Медалњо аз куљо ва чї гуна таќсим мешаванд. Ба фикрам ваќти он расидаст, ки ќадру ќиммати медал њам бардошта шавад. Манку намедонам, вале падарам мегуфт, ки дар синфашон 8 аълохон доштанд, ки аз синфи 1 то 10 ягон бањои "4" надоштанд. Вале касе соњиби медал набуд. Аз як синф, ки 25 нафар онро хатм кардаанд, 18 нафар дар донишгоњњои гуногун дохил шуданд. Ва боз ин ки њамаи онњо аз дењот ба шањр омада буданд ва он замон ин таѓобозињову ришвасупорињо аслан вуљуд надоштанд. Њоло чї? Таѓодору бетаѓо бояд аввал пул супорад. Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишљў? Агар вайро барои бедонишї сур кунанд, кї пул месупорад? Ва донишљў њам медонад, ки ин донишгоњ мањз бо пули вай побарљост. Ва њамин њолат дар гимназияву литсейњои хусусист. Яъне, аз поён то боло моро пул шармсори ду дунё кардааст. Диплом, аттестат њаст, вале дониш НЕСТ!!! Мањбуба Комилова, корманди матбуот

www.ruzgor.tj


4

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Адиб ва рўзгор

www.ruzgor.tj

Иттифоќи нависандагон ва Вазорати маориф:

Китоби дарсї чї гуна бояд бошад?

Адибон, олимон ва масъулини Вазорати маорифи кишвар дар нишасте дар толори Иттињодияи нависандагон китобњои дарсии макотиби миёнаи Тољикистон аз фанњои забон ва адабиёти тољикро мавриди баррасї ќарор доданд.

Мањфилро муовини аввали Раиси Иттифоќи нависандагон, Нависандаи халќии Тољикистон Абдулњамиди Самад ифтитоњ намуда, зикр кард, ки масъалаи баррасии китобњои дарсии макотиби миёна яке аз масъалањои муњими рўз аст. Ба гуфтаи ў "имрўзњо атрофи китобњои дарсї, махсусан китобњои забон ва адабиёти тољик њам аз љониби падару модарон ва њам аз тарафи омўзгорони муњтарами мо гоњ-гоњ сару садо баланд мешавад. Ва њадафи мо аз ин мањфил танњо бењбуди сифати китобњои дарсї дар нашрњои минбаъда њасту халос". Баъдан, Тољиниссо Мањмадова, муовини Вазири маорифи Тољикистон низ аз баргузории ин мањфил истиќбол карда гуфт, ки "шакл гирифтани андеша аз мазмуни тањcилот сахт вобаста аст ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон бештар кўшиш мекунад, ки дар тањияи китобњои дарсї ба олимони воќеан арзанда такя кунад". Њамчунин хонум Мањмадова гуфт, ки Вазорати маорифи Тољикистон чандест, ки як ислоњоти љиддї дар соња, яъне тањия намудани стандартњои фаннии мукаммалро пеш гирифтааст. Профессор Мирзо Муллоањмадов, дар мавриди китобњои дарсии забон ва адабиёти тољик барои синфњои дањ ва ёздањ дар маърўзаи худ таъкид дошт, ки чун дар замони фанноварињои љадиди технологї амсоли интернет на танњо дар Тољикистон, балки дар тамоми мамолики љањон таваљљуњ ба китоб коста гардида, назди китобњои дарсї ва муаллифон масъулияти бузурге гузошта шуда, то онњо наќши роњнамоии китоби дарсї ва љалби таваљљуњи хонандаро ба он нигоњ дошта тавонанд. "Ба назари мо имрўз китоби дарсї баробари сарчашмаи дониш будан бояд фонуси рањнамо њам бошад ва толибилмонро ба ќуллањои дониш ва дарки амиќи матолиби илмї њидоят намояд."афзуд профессор Мирзо Муллоањмадов. Дар мавриди китоби дарсии "Адабиёти тољик" барои синфи 10-ум (муаллифон Тоиров, Солењов, Шарипов), ки фарогири адабиёти асрњои шонздању нуздањ аст, олими тољик гуфт, ки "дар ин китоб адабиёти њар давра пайваста бо вазъи замон ва њаёти иљтимоиву сиёсї баррасї шудааст. Бахусус дар фасли адабиёти асри 18-ум ва нимаи аввали асри 19-ум ин пайвастагї хуб ба ќалам дода шуда, хусусиятњои адабии давр дар вобастагї бо авзои иљтимоиву сиёсї тавзењ ёфтааст. Муаллифони китоби дарсї тавонистаанд намояндагони барљастаи њар асрро, ки дар адабиёти замони худ љойгоњи шоиста дошта, ба раванди адабиёт дар асрњои баъдї њам таъсир гузоштаанд, интихоб намуда, ањволу осори онњоро ба хонандагон шарњ дињанд". Ба андешаи Муллоањмадов китоби дарсї аз дигар китобњои илмї бо он фарќ мекунад, ки пайваста таѓйир меёбад ва бояд њам-

www.ruzgor.tj

ќадами замон бошад ва њар таѓйиротеро, ки дар њаёт ба вуљуд меояд, инъикос намояд. "Китоби дарсии адабиёт бояд аз сањифаи аввал, аз муќаддима бо сабку шева ва баёни худ таваљљуњи хонандаро љалб намояд. Дар муќаддимаи китоби дарсии адабиёти тољик барои синфи 10-ум муаллифон саъй кардаанд, ки дар бораи хусусиятњои адабиёти бадеї маълумот дињанд, вале забону баёни он љаззобу фасењ нест. Ва њатто аз чунин љумлањои берабту ѓалат холї нест: "Аз љумла илми луѓат, илми нањв, илми забон, илми баён, илми ќофия, илми арўз, илми хат, илми иншо, илми маонї ва ѓайра ба шумор мерафтааст". Њамчунин њангоми тањлили осори адибон дар аксари мав-

сатмаобиву таваљљуњ ба масоили иљтимої дар он дида намешавад. Њамчунин Муллоањмадов аз он изњори нигаронї кард, ки осори бархе адибоне, ки дар адабиёти садаи бисти тољик маќоми шоиста доранд, умуман дар китоби дарсии адабиёт барои синфи 11-ум зикр нашуда ва аз онњо танњо дар як ё ду

љой ном гирифта шудаасту халос. Ба андешаи ў "албатта, њаљми китоби дарсї имкон намедињад, ки њамаи онњо љой дода шаванд, аммо дар фаслњои муќаддимавї дар бораи онњо маълумоти мухтасар додан лозим аст. Масалан дар бораи Сорбон, Урун Кўњзод, Гулрухсор, Кароматулло Мирзоев, Љонибек Акобир, Саидалї Маъмур, Аскар Њаким, Ѓоиб Сафарзода, Фарзона ва дигарон агар ду-се љумлагї маълумот оварда шавад, зарар надорад. Дар њоле, ки баъзеи инњо умуман номашон нест. Масалан номи Фарзона умуман дар ягон љои ин китоб нест". Равшани Ёрмуњаммад, нависандаи маъруфи тољик, ки китоби "Забони тољикї" барои синфи

Профессор Азимљон Аминов

ридњо ба наќли мазмуни муњтаво, ба хусус ба масъалањои иљтимої таваљљуњ намуда, ба тарзи баён, образофарї, сувари хаёл ва дигар василањои баёни осори адабї камтар эътибор дода шудааст."- гуфт профессор Мирзо Муллоањмадов. Дар мавриди китоби дарсии "Адабиёти тољик" барои синфи 11-ум (муаллифон: Худойназар Асозода ва Аламхон Кўчаров) профессори тољик таъкид дошт, ки ин китоб дар муќоиса бо китоби адабиёти синфи 10-ум хеле бењтар аст ва он нуќсонњое, ки дар китоби аввал аст, дар ин китоб дида намешавад ва забону баёнаш њам хеле равону фасењ асту сиё-

e mail: info@ruzgor.tj

10-ум (муаллиф Саидамир Аминов)-ро баррасї мекард, аз дониши хонандањои имрўзи макотиби миёна изњори нигаронї карда, гуфт, ки "ман гоњо дар троллейбусу автобус бо хонандагон бањс мекунам. Аксари онњо шеъреро аз ёд намедонанд. Боз як воќеаро мехоњам гўям, ки њафтаи гузашта дар дафтари кории Љўра Њошимї будем, ки муаллимаи мактаби раќами 1-уми ноњияи Исфара занг зад ва гуфт, ки китобњои дарсии синфњои панљуму шашум камбудњои зиёд дорад ва њатто баъзе љойњои онро муаллимон намефањманд". Њамчунин адиби тољик аз ин нукта ёдовар шуд, ки муаллифи

ин китоби дарсї хеле кам аз матнњои осори адибони муосир истифода бурдааст. Олими тољик Азимљон Аминов дар суханронии худ зикр кард, ки "њоло дар љумњурии мо дар љараёни фарогирии тамоми зинањои тањсил аз китобњои дарсии "насли нав", ки дар доираи барномаи њадафноки тањия ва чопи китобњои дарсї барои мактабњои тањилоти умумї чоп шудаанд, истифода мебаранд. Яке аз талаботњое, ки Вазорати маорифи кишвар ва љомеаи мо дар назди муаллифони китобњои дарсии забони тољикї мегузорад, иборат аз он аст, ки ин китобњо бояд дар баробари дониш додан инчунин шахсияти талабаро њамаљониба инкишоф дињанд". Дар мавриди китобњои дарсии "Забони тољикї" барои синфи 8ум (муаллиф Саидамир Аминов) ва китоби "Забони тољикї" барои синфи 9-ум (муаллифон: Хољаев, Зикриёев ва Муллохонов) Азимљон Аминов гуфт, ки китобњои дарсї танњо бо забону услуби шево, мантиќи љобаљогузории матну машќњо мавриди та-

Ба андешаи Абдурауф Муродї салоњ он аст, ки дар як сол ба љойи бист адиб эљодиёти панљ-шаш адиб оварда шавад, то дарс воќеан дарси омўзиши амиќи осори бадеї бошад. Алї Бобољон, шоири тољик мегўяд, аксари муаллифони китобњои дарсии мо илми арўзро намедонанд ва китобњояшон пур аз ѓалат аст. "Аламовар аст, ки китобњо бо коѓази навъи аъло ва ороиши хуб нашр шаванду дар ин баробар суханњои ѓалат роњ ёбанд". Аммо адабиётшинос Мубашшир Акбарзода, дар мавриди китоби адабиёт барои синфи 5-ум гуфт, ки ў эродњояшро чанд сол ќабл дар як љаласа ба љаноби Вазири собиќ Абдуљаббор Рањмонов расонида буд ва вазири собиќ ваъда дода буд, ки дар нашрњои минбаъда ин хатоњо ислоњ мешаванд, аммо Акбарзода мегўяд, дар нашри нав њам он ѓалатњо бартараф нашудаанд. Ба андешаи Акбарзода бештари матнњое, ки аз осори ќадима овардаанд, ѓалат аст ва сабабаш њам ноошної бо хати форсї ва

Профессор Мирзо Муллоањмадов

ваљљуњи хонанда ќарор мегирад, аммо ин љињати масъала дар китобњои фавќуззикр чандон хуб ба назар гирифта нашудааст. "Чун китоби дарсии "Забони тољикї" барои синфи 8-умро ба даст гирифтам, аввал аз ороиши сањфаи аввал ва сифати нашри он хушам омад, аммо баъди мутолиаи се-чор сафњаи он ба муаллиф дилам сўхт"гуфт Азимљон Аминов. Дар идомаи суханронияш олими тољик аз нуќсњои китоби дарсии "Забони тољикї", аз љумла такрор омадани шеърњо ва порчањои насрї барои синфњои 8-ум ва 9-ум ёдовар шуда, аз љумла таъкид дошт, ки "дар як љо, сањифаи 13-14 як матн ба Абдулњамиди Самад ва дар љойи дигар ба Садриддин Айнї нисбат дода шудааст". Адиб ва рўзноманигори тољик Абдурауф Муродї њам таъкид дошт, ки "дар замони пеш хрестоматия алоњида буду китоби дарсї алоњида. Имрўз баъзе китобњои дарсиро аз хрестоматия ё худ баёз фарќ карда намешавад. Бубинед, шогирдони синфи 7-ум давоми як соли тањсил бояд њаёту эљодиёти бист адибро аз худ намоянд. Нахуст бояд гуфт, ки ин барои як соли тањсил, ки аз 34 њафта иборат асту дар доираи он њамагї 67 соат дарси адабиёт баргузор мегардад, хеле зиёд аст. Бубинед, шогирдони синфи 7-ум бояд дар се соат чор ѓазал ва тарљумаи њоли Камоли Хуљандиро омўзанд. Њол он ки тафсири як байти шоир метавонад њадди аќал як соатро дар бар гирад.

ruzgor@mail.ru

надонистани арўзу ќофияи шеър аст. Њамчунин дар ин китоб соли таваллуди устод Халилуллоњ Халилї хато оварда шудааст. Мубашшир Акбарзода афзуд, ки "бояд ба номи Раисиљумњур Эмомалї Рањмон як номае навишт ва таќризи ин китобро чун замима ба он њамроњ кард". Њамчунин профессор Абдунабї Сатторзода, Юсуфи Акбарзода, Урун Куњзод, њам мављудияти сањву хатоњои зиёдеро дар китобњои дарсї эътироф карда, барои болобурди сатњи китобњои дарсии забону адабиёт пешнињодњои љолиб карданд. Дар анљом Вазири собиќи маорифи кишвар академик Абдуљаббор Рањмонов гуфт, ки "баъди муњокимаву баррасињои зиёд пешнињод шуд, ки стандарти фаннї навишта шавад, ки ё бо ќарори мушовара ё бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардад". Ба гуфтаи академик Рањмонов акнун барои як китоби дарсї ду китоби замимаи дигар чун "Рањнамои муаллим-омўзгор" ва "Баёзи адабї" нашр карда мешавад. Њамчунин Рањмонов илова кард, ки ин эродњои адибону мунаќќидон ба таври протоколї ба Вазорати маориф пешнињод карда шавад, зеро ба гуфтаи ў "ягон пешнињоди Иттифоќи нависандагон дар Вазорати маориф на дар гузашта ва на њоли њозир беэътибор дониста нашуда, ё баррасї ношуда намондааст. Бањман, "Рўзгор"


www.ruzgor.tj

Бузургони рўзгор

№27 (027) 04 декабри соли 2013

5

6.САД ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФИ ТОЉИК Журналисткаи тољик таърихи беш аз садсола дорад, аввалин рўзномаи тољикї расман "Бухорои Шариф" (таъсисаш соли 1912) эътироф мешавад. Ќобили ќайд аст, ки дар саргањи журналистикаи миллиамон устодон С. Айнї, М. Турсунзода, С.Улуѓзода, М. Миршакар, Љ.Икромї, Р.Љалил, Ф.Ниёзї, А. Дењотї ва дигарон ќарор доштаанд. Аксари кулли адибони баъдинаи тољик дар ташаккули журналисткаи миллї сањм гирифтаанд. Њоло 100 журналисти маъруфи тољикро муаррифї мекунем, ки умри азизи хешро ба рушду нумўъи ин навъи барои фарњангамон нави хадамот сарф кардаю аз баракати ќаламашон матубот, радиою телевизон мартаба ёфтааст.

Буриниссо Бердиева

Пайванди Гулмуродзода

1.Ализода Саидризо (1887-1938), яке аввалин журналистони касбии тољик. 2.Зењнї Тўраќул (1890-1983), яке поягузори журналисткаи касбии тољик. 3. Азизї Бањриддин (1895- 1944), яке аз аввалин журналистони касбии тољик 4.Бањлулзода Ќурбон (1902-1956), яке аз поягузорони жанрњои њаљвии журналистикаи тољик. 5.Тољї Усмон (1906-1968), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 6.Эшмуњаммадов Ашўр (1906-1990), аввалин мухбир - суратгир, Ходими шоистаи њунари Тољикистон. 7.Набї Фахрї (1907-1942), яке аз аввалин журналистони касбии тољик. 8.Муродов Абдулло (1908-1990), журналисти касбї. 9.Шанбезода Нодир (1908-1989), яке аз поягузорони матбуоти навини тољик. 10.Самадї Ѓаффор (1909-1987), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 11.Зоњиров Сулаймон (1910-1986), яке аз поягузорони матбуот ва радиои тољик, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 12.Пиримќулов Нуриддин (1910-1983), яке аз поягузорони матбуот ва радиои тољик, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 13.Усмонов Хайрулло (1913-1989), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 14.Њољї Содиќ (1913-1989), журналисти касбї, Ходими шоистаи њунари Тољикистон. 15.Зиёев Юлдош (1914-1985), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 16.Мањмадаминов Турсун (1914-1977), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 17.Муњаммадљонов Рањмат (1914-1989), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 18.Наимї Ќодир (1914-2002), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 19.Асрорї Воњид (1917-1996), устоди журналистони тољик, профессор. 20.Музаффаров Сергей (1917-1988), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 21.Набиев Њаким (1917-1990), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 22.Умаров Аюб (1917-1990), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 23.Ѓафурова Тољиниссо (1918-2006), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 24.Саидов Шодї (1918-2006), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 25.Ањрорї Ѓафур (1919-1978), журналисти касбї. 26.Болтаев Расул (1919-1988), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 27.Њалимов Ашўр (1921- 1994), журналисти касбї. 28.Љабборов Тўхтасин (1922-1996), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 29.Алиев Расул (1923-2000), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 30.Очилдиев Саидалї (1924-1994), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 31.Ашўров Љумъа (1925-2000), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 32.Ќаландаров Ѓоиб (1925-2009), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 33.Ќањњоров Њомид (1925), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 34.Афзалї Камол (1926-2003), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 35.Боќиев Мулло (1926-1997), Журналисти шоистаи Тољикистон. 36.Бердиева Буриниссо (1927-2002), журналисткаи касбї. 37.Воситзода Абдуљалил (1927-1998), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 38.Зоњидов Шарофљон (1927-1998), журналисти касбї,

Нур Табаров

Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 39. Муњиддинова Хайриниссо (1927), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 40.Абдурањимов Фазлиддин (1928), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 41.Дорѓабеков Нусратулло (1928-2009), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти То љикистон. 42.Аќназаров Хушназар (1930-2005), Журналисти шоистаи Тољикистон. 43.Бањриддинов Мусаллим (1930- 2013), Журналисти шоистаи Тољикистон. 44.Бозоров Исрофил (1930), Журналисти шоистаи Тољикистон. 45.Насриддинов Зайниддин (1930), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 46.Узоќов Мавлон (1930-2006), Журналисти шоистаи Тољикистон. 47.Субњон Туйѓун (1930), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 48.Њилолов Мусофир (1930), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 49.Шарифов Мадориф (1930), Журналисти шоистаи Тољикистон. 50.Давлатов Алоуддин (1931-2006), журналисти касбї. 51.Басир Расо ( 1931-2010), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 52.Рустамова Иноят (1931), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 53.Њакимова Мављуда (1932-1993), Журналисти шоистаи Тољикистон. 54.Мањмадов Карим (1932-1997), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 55.Замонов Абумаљид (1933-2004), Журналисти шоистаи Тољикистон. 56.Таваллоев Нусратшоњ (1933-2006), Журналисти шоистаи Тољикистон. 57.Рањматов Субњон (1934-2010), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 58.Ибод Файзулло (1935-2002), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 59.Бойбобоев Турдиалї (1936), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 60.Ќудратов Раљабалї (1936), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 61.Латифї Отахон (1936-1999), журналисти касбї. 62.Мамадризоев Мањмадвафо (1936-1998), Журналисти шоистаи Тољикистон. 63.Назирї Наимљон (1936), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 64.Расулзода Бобо (1936-2009), Журналисти шоистаи Тољикистон. 65.Усмон Олим (1936), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 66.Мазњабшои Муњаббатшо (1937-2002), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 67.Урун Кўњзод (1937), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 68.Холов Ќувват (1937-2011), журналисти касбї. 69.Бурњон Ѓанї (1938-1993), Журналисти шоистаи Тољикистон. 70.Абдурањмонов Муќим (1938), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 71.Зулфиќоров Хољабек (1938-2009), журналист - педагог. 72.Очилов Неъмат (1938-2002), журналисти касбї, мухбири ТВ Маскав. 73.Мирбобоев Мирзомањмуд (1939), журналисти касбї. 74.Асадуллоев Саъдулло (1940), журналисти касбї, профессор. 75.Муртазоев Бахтиёр (1940), журналисти касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон. 76.Ёдгорї Шоњмузаффар (1940-2010), журналисти касбї, Корманди шоистаи Тољикистон. 77.Раљаб Мардон (1940), Журналисти шоистаи Тољикистон. 78.Суярї Зуњуриддин (1940- 1993), Журналисти шоистаи

ruzgor@hotmail.com

Иброњим Усмонов Тољикистон. 79.Шоњхуморов Шоњбањор (1940), Журналисти шоистаи Тољикистон. 80.Шукуров Абдулњаким (1940-1993), журналисти касбї. 81.Ќурбонмамадов Хушќадам (Ширин Бунёд) (1941-2011), журналисти касбї. 82.Табаров Нур (1941), журналисти касбї, Корманди шоистаи Тољикистон. 83.Одилов Амонќул (1943), журналисти касбї. 84.Њаќназар Ѓоиб (1943), журналисти касбї. 85.Олимпур Муњиддин (1945-1995), журналисти касбї. 86.Хуљамов Ќурбоналї (1946-2008), Журналисти шоистаи Тољикистон. 87.Каримов Набї (1948-2002), журналисти касбї. 88.Султонов Мансур (1948), журналисти касбї, Ходими шоистаи њунари Тољикистон. 89.Аминљонов Турсунпулод (1948-2011), Журналисти шоистаи Тољикистон. 90.Ато Њамдам (1948), журналисти касбї, Корманди шоистаи Тољикистон. 91.Усмонов Иброњим (1948), журналист-педагог, профессор. 92.Кенљаева Латофат (1950), журналисти касбї. 93.Асадуллоев Насрулло (1951-1995), журналисти касбї 94.Холмањмади Мавлон (1951), журналисти касбї. 95.Ибодов Исматулло (1951), журналисти касбї, Корманди шоистаи Тољикистон. 96.Умарова Гавњар (1951), журналистикаи касбї, Корманди шоистаи маданияти Тољикистон 97.Латифов Назрулло (1952), журналисти касбї, шорењи варзиш. 98.Бобољони Абдулвоњид (1953-2008), журналисти касбї. 99.Маќсуди Хусейн (1954-2000), журналисти касбї. 100. Њамдампур Шариф (1954), журналисти касбї. P.S. Адибон Фазлиддин Муњаммадиев, Самад Ѓанї, Абдумалик Бањорї, Пўлод Толис, Масъуд Муллољонов, Ашўр Сафар, Убайд Раљаб, Юсуфљон Акобиров, Додољон Раљабї, Бобо Насриддинов, Њалимшоњ Салимшо, Мирзо Файзалї, Ѓойиб Сафарзода, Адаш Истад, Иноят Насриддин, Усмон Шарифзода, аввалин журналистон Нарзулло Бектош, Мидњат Бењбудї, Муњаммад Васфї, Абдурауф Фитрат, Мирзо Сирољ, Муњаммад Расулї, Истадой Рањматова, Мирзо Муќимї, Х. Абухолиќзода, Ш. Љабборї, М. Мўсавї, А. Исмоилзода, Њ. Шарифзода, Э. Муњсинзода, журналистони наслњои минбаъда Амирбек Исломов, Мушаррафа Шокирова, Нишон Њамроњ, Њайрат Шанбезода, Давлат Давронов, Наљмиддин Азизов, Саид Ашуров, Рањмат Ташрифзода, Акбар Муслимов, Абуњамид Юсуфї, Ѓулом Муродалї, Теша Раљаб, Ќирѓизбек Чоршанбиев, Љўрабеки Муъмин, насли журналистони пеш аз истиќлол Юнусалї Сиддиќ, Саидалї Сиддиќ, Њусейни Нарзулло, Сироншоњ Диловаров, Абумудассир Ањмадзода, Мансур Суруш, Сайдќосими Љалол, Карим Мусо, Талъат Нигорї, Љумъаи Мирзо, Хушбахт Бекзода, Сафаргул Олимї, Рањматулло Камолов, Давлат Назрї, Файзалї Шукур, Ќурбонмурод Асозода, Њокими Азиз, Бурњониддини Каримзода ва дигарон низ барои журналисткаи тољик хизмати бедареѓ анљом додаанд. Дар даврони соњибистиќлолии Тољикистон бо пайдо шудани матбуоти мустаќил теъдоди зиёди журналистон, аз ќабили Акбари Саттор, Салим Аюбзода, Сољида Мирзоева, Султон Њамадов, Сайёфи Мизроб, Мухтор Боќї, Мирмањмади Амиршо, Хуршеди Атоулло, Раљаби Мирзо, Адолати Мирзо, Нуралї Давлат, Зафар Суфї, Суњробшоњ Фаррухшоњ, Ањмади Иброњим, Барнои Ќодирдухт, Исфандиёри Назар, Рустами Љонї, Шањлои Насриддин, Шоњонаи Сулаймон, Асњобиддин Суннатї, Мардони Муњаммад, Сафват Бурњонов, Маќсадуллои Муњаммадалї ва дигарон, инчунин журналистони тољики руснигор Умед Бобохонов, Зафар Абдуллоев, Марат Мамадшоев, Далер Ѓуфронов, Рамзия Мирзобекова, Манижа Ќурбонова ва дигарон ба арсаи њунар омаданд.

info@ruzgor.tj

Мураттибон: Ёр Муњаммад, Љамил Валиев, Кормандони Китобхонаи миллии Тољикистон.

www.ruzgor.tj


6

Ташвиши рўзгор

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Беш аз дањ сол аст, ки дар олами биологї ва табиати кишвари мо занбўри ѓайриодї пайдо шуда, он аз њар нигоњ аз занбўрњои тањљоии мо ба куллї фарќ мекунад. Дар њаљм он аз занбўри номи биологиаш "филант" ба ибораи мардуми мо "зардак" бузургтар аст. Бо занбўри "шершен", "ало"- тољикї монанд њам бошад, аммо ѓилофаки шиками он дароз, ќанотњояш њангоми парвоз пањн ва дар кирдор хеле "васвосї", нешаш зањрдор , ба гуфти мардум "мири ѓазаб" мебошад.

уданду зањри он мисли зањри мори афъї њалоњил аст, пажўњиш анљом ёфтааст. Хуш, занбўре, ки дањ сол боз дар марзи Тољикистон муќимї шудаасту вуљуди он боиси нигаронї мебошад, аз куљо пайдо шуд? Ба ин суол занбўриасалпарварони вилояти Хатлон њар гуна посух доданд. Яке гуфт, ки онро соли 2000-ум намояндагони кимкадом созмонњои хориљї барои гардолудсозии дарахтон ба Тољикистон интиќол доданд. Дигаре ба ин аќида аст, ки онро "шамоли афѓон" ба Тољикистон овард. Сеюмї чунин назар дорад, ки ин кори

- Дар бораи занбўре, ки дањ сол боз дар муњити биологии мо пайдо шудааст,- мегўяд Абдурашид Шарипов,- назарњо гуногун мебошад ва он тањти омўзиш ќарор дорад. - Аммо ман хулосаи даќиќ пешнињод карда наметавонам, ки он аз куљо пайдо шудааст. Мардум бе огоњї онро "занбўрхўр" меноманд, ки ин асоси воќеї надорад, аммо неши он зањрдор аст ва тахмине, ки гўё вай аз хориљ ба кишвари мо интиќол ёфта бошад, то љое боварибахш аст. Тањаввулотњои табиї њамеша рух медињанд, ки инсон онро њанўз

ЗАНБЎРИ ЗАНБЎРХЎР

МАРДУМ ОНРО "ЗАРДАК" НЕ, БАЛКИ "МИРИ ЃАЗАБ" МЕНОМАНД

Бурњон САЛМОНОВ, махсус барои "Рўзгор" Мушоњидањо нишон медињад, ки "мири ѓазаб" аллакай вилояти Хатлонро "тасарруф" карда, рў ба навоњии тобеи љумњурї ва минтаќаи Рашт нињодааст. Он ба муњити биологии мо оё ягон хатари муњлике дорад? Чаро занбўрњои "зардак" кам шудаанд? Шикояти занбўриасалпарварони водии Рашт, ки "мири ѓазаб" занбўрони асалро нест мекунанд, то куљо дуруст аст? Мо дар ин тањќиќот кўшиш намудем ба ин суолњо љавоб пайдо намоем. Муњити биологии Тољикистон хеле гуногунранг ва зебою дилкаш аст. Дар он дар баробари дигар намуди њашарот беш аз њазор зоти занбўрон ба чашм мерасанд, ки аксари онњо дар даштњову марѓзорњо зиста, танњо панљ- шаш зоти он дар муњити гармтари шањру дењот ба сар мебаранд, ки нафъовари он занбўриасал буда ва онро "хонагї" њам меноманд. Аксари занбўроне, ки дар даштњову марѓзорњо ва домони кўњњои кишварамон фасли бањору тобистон пайдо мешаванд, онњо кўчї буда, аз як минтаќа ба минтаќаи дигари гармтар парвоз карда, дар баробари сањм гузоштанашон дар гардолудсозии дарахтон, давраи тухмгузорї ва бачабарориро сипарї мекунанд. Њаёту зиндагии њамаи занбўрон ба њам монанд буда, танњо занбўриасал бо зањмате, ки барои инсон мекашад, аз њамзотони худ фарќи куллї дорад. Умри занбўрон тўлонї набуда 45-50 рўз шањди рўзгор мечашанд. Дарозумртарини занбўрони дунё Модарзанбўри асал аст, ки 5 сол зиста, соле метавонад то 1 миллиён тухм гузорад. Падарзанбўри

асал макон надошта, осмону фазои гарм хонаи ўст. Дар осмон бо Модарзанбўр љуфт шуда, худро ќурбон мекунад… Мутаасифона, дигар зотњои занбўрон аз чунин нафъу сифате, ки занбўриасал дорад, бенасибанд. Дар дунё бошад, тањќиќотњо љињати омўзиши олами занбўрон шуда, вале бештари онњо фарогири зотњои занбўрони асаланд. Занбўрони вањшї аз назарњо дур монда, танњо дар мавриди 3-4 зоти басо хатарноки он, ки дар ќораи Африќо ва Амрикои Лотин мављ-

Худованд аст, чї мехоњад мекунад. Занбўр меорад, мўр меорад ё малах меорад, Худованд ба ин ќодир аст. Мо њам ба ин шаке надорем. Хуб, ба ин падида коршиносону мутахассисони соња чї мегўянду чї назаре доранд? Ба Абдурашид Шарипов- мудири шуъбаи занбўриасалпарварии Институти чорводории Академияи илмњои кишоварзии љумњурї, доктори илм, профессор, ки дар кишвар ягона мутахассиси ин соња аст, бо ин суолњо мурољиат мекунему њамсуњбат мешавем.

Мактуби бетањрир

Сугворї ё навњае дар марги дўст Шодї маталаб, ки њосили умр дамест, Њар зарра зи хоки Кайќубодеву Љамест. Ањволу љањону асли ин умр, ки њаст, Хобею хаёлею фиребеву дамест. Бале, зиндагї худ хобу хаёласту бандагон ба умеданд. Олиќул низ ба умеди бењтар кардани зиндагии хонаводаи хеш бо зану фарзандони дўстрўяш худњофизї карда, роњи Федератсияи Россияро пеш гирифт. Њамин тариќ, Олиќул дар мусофират ба монанди дигар муњољирон муддати ду сол ба њама пастиву баландињо, каму костињо ва дору нодорињои зиндагї дар муњољират тоб меовард, то ки маблаѓе ба даст овараду бо рўи сурх љониби Ватан, назди чор фарзанди чашминтизораш баргардад. Аммо ў намедонист, ки њамаи ин орзуву нишоташро марг думболагир аст. Пеш аз нияти баргаштан ба Ватан Олиќул њини гузаштан аз роњи наќлиёт ба садама гирифтор мешавад. Ўро дар яке аз беморхонањои шањри Масква мехобонанд. Њамин тариќ дар яке аз шуъбањои

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

ромињои мамлакат вазъи назорати карантинї чанд соле дар сарњадот вуљуд надошт. Бо тухмии воридшуда, бахусус навъи картошкаи "Пикассо" тухми гамбусаки колорадї дар заминњои картошкакории мо пањн гардид. Њоло дар навоњии картошкакории љумњурї њолати душворе вобаста ба пайдоиши ин њашарот ба назар мерасад. Барои нест кардани он лозим меояд аз хориљ зањрхимикатро бо нархи гарон ворид кард. Шояд занбўре, ки имрўз мардум онро "мири ѓазаб" меноманд ѓилофаки он тавассути ягон мањсулот ба кишвар

наметавонад пешгирї кунад. Бале, занбўр занбўрро мехўрад, ин протсесси табиї мебошад, вале на њамаи занбўрон хунхоранд. Чунонеки аз суњбат бо Абдурашид Шарипов огоњ шудем, интиќоли занбўр аз хориљ ба кишвари мо имкон доштааст. Бо кадом роњ? Дар як суњбати дигар оид ба вазъи гуногунии биологии кишвар доктори илми кишоварзї Ќурбоналї Партоев интиќоли гамбусаки колорадиро тавассути тухмии картошка аз хориљ ба њудуди Тољикистон тасдиќ карда буд. Баъди ноо-

омада бошад. Азбаски дар љумњурї хадамоти махсуси пажўњиши њашарот он ќадар фаъол нест, ин зоти занбўр таи дањ сол ба кунљу канори мамлакат пањн гардид. Онњое, ки аз неши ин занбўр осеб дидаанд, зањри онро хатарнок њам медонанд. Бо газидани он бадан варам карда, таби кас баланд ва дар љисму љон њолати ѓайримуќаррарї рух медињад. Одамони зиёде баъди неш задани "мири ѓазаб" бистарї њам шудаанд. -Ман занбўрхўрии ин занбўри мењмонро мушоњида накардаам,суханашро идома дода мегўяд А.Шарипов,- аммо дар табиат њастанд занбўроне, ки якдигарро шикор мекунанд. Ду зоти занбўри зардак, ки онро дар забони русї "оса филант" мегўянд, занбўрхўронанду гўшт њам истеъмол мекунанд. Мана њамин ду зот душмани ашадии зунбўри асал буда, як наринаю як модинаи он дар давраи парвариши бачањояшон рўзе то 500 дона занбўри асалро шикор мекунанд.Зиндагии онњо асосан дар зери замин аст. Занбўриасали корї барои ин зоти занбўрон ва баъзе паррандагон ѓизои махсуси биологї мањсуб ёфта, касе пеши роњи ин протсессро гирифта наметавонад. Шояд занбўри "мири ѓазаб" њам занбўрхўр бошад, аммо ман инро мушоњида накардаам. Ин масъаларо бояд ба эътибор гирифт ва ба занбўриасалпарварон дасти ёрї дароз кард. Муњити биологиро табиат ба танзим медарорад. Тањаввулотњо рух медињанд. Њар њашароте, ки вуљуд дорад барои табиат нафъе дорад ва кореро анљом медињад, ки моинсонњо рисолати њар яки онро пурра дарк карда наметавонем. Худо кунад, ки занбўри "мири ѓазаб" барои табиати мо нафъовар бошад.

эњёгарї (реаниматсия) муњлати 29-рўз нигоњу бин мекунанд. Дўстону шарикон низ аз ин њодиса хабардор шуда ба наздаш меоянду њарчи аз дасташон меояд мекунанд. Вале сад афсўс, ки ба дарди ў давое ёфт нашуд. Њайњот, ки бо сад орзуву армон дунёи фониро падруд гуфт. Ба чї ќадар машаќќати зиёд љасади бељони ўро ба Ватан оварданд. Њамин ки љасади бељони Олиќулро ба хона дароварданд, писарони хурдсолаш бо навњаву зорї ба камина мегуфтанд: "Љон амакљон, рўйи гарми падарро насибамон нагашт, ки дар зиндагї ба серї бубинем. Иљозат дињед, аќаллан боре мо рўйи хунуки падарро бубинем". Писарон ба рўи падар назар карда мегуфтанд: "Сафари охирататро Худо муборак гардонад, падарљони азиз". Ин њолатро модари љигарсўхтаи дидагирёну синабирёни Олиќул дида, бо оњу афѓон мегуфтанд: Дар дайри харобот касе пир нашуд, Аз мурдаи одамї замин сер нашуд. Кас нест хабар барад ба устоди азал, Мурдан ку њаќаст, чаро љавон пир нашуд? Ањли мардуми дењаи Ўрметани ноњияи Айнї љасади Олиќулро ба ѓаму андуњи зиёд ба хок супорида, аз даргоњи Худо ба падару модар ва фарзандони марњум сабри љамилро хостанд. Дилам як умр месўзад, ба марги он љавононе, Ки тай накарда роњи зиндагонї, ноламу нолам... Равонат шоду манзили охиратат обод бод, дўсти љавонмаргам. Санъатмурод Мирзоёров, омўзгори МТМУ № 58-и ноњияи Рўдакї, узви Иттифоќи журналистони Љумњурии Тољикистон

ruzgor@mail.ru


www.ruzgor.tj

Наќди рўзгор

№27 (027) 04 декабри соли 2013

7

Илми таърихро донишмандон њофизаи башар хондаанд ва њамвора ба он таваљљуњи амиќ ва даќиќ зоњир намудаанд. Ин талошу кўшиш ва ковишу кандуков имрўз низ идома дорад ва таърихнависону муњаќќиќони муосири тољик аз Аллома Садриддини Айниву Бобољон Ѓафуров, Ањрор Мухторов, Рањим Масов, Њайдаршо Пирумшоев ва Намоз Њотамов бад - ин сў бо осори тањќиќиву тадќиќии хеш мудом бар њифзи њаводис ва воќеъоти муњиму мубрам кўшидаанд.

Яке аз китобњое, ки дар ин авохир ба зевари табъ ороста шуд ва дар мањофили илмию адабї мавриди таваљљуњи ањли назар ќарор гирифт, китоби "Таърихи халќи тољик", навиштаи бародарон Сайфулло ва Асадулло Муллољонов аст, ки дар 432 сањифа дар шањри Душанбе мунташир шуд. Китоби мазкур барои донишљўёни макотиби олии Тољикистон таълиф шуда ва бо

назарашон пинњон намонад. Арзиши дигари китоб дар он аст, ки муаррихони борикназар бо забони суфтаю муъљаз ва равону ноби форсии тољикї ба баёни њаводис пардохтаанд ва нињояти мањоратро ба кор бурдаанд, ки дар њаљми кўтоњ муњтавои зиёдро баён намоянд. Ногуфта намонад, ки то чанд сол ќабл аксари таърихномањои муосир аз асри сангї (палеолит,

Ганљинаи пурарзиш ќарори Шўрои илмї - методии Донишкадаи молияи Тољикистон тањти раќами 7 аз 27 марти соли 2011 ба чоп тавсия шудааст. Албатта, дар заминаи омўзиши таърихи халќи тољик чандин асар то кунун навишта шуда, вале вижагии ин китоб њамоно диди амиќу тозаи муаллифони он аст, ки њаводисро на аз дидгоњи материалистию моддї ва зиддидинї, балки мунсифона ва огоњона ба риштаи тањриру тањлил кашидаанд. Чунончї, агар дар замони њукумати Иттињоди Шуравї истилои Осиёи Марказиро бо иборањои дуруѓини "њамроњшавї" ва ё "пайвастшавї" рупўш мекарданд, дар фасли 10-ум-и китоби мазкур, ки ба ин мавзўъ ихтисос ёфта, "Тољикон дар замони њукуматдории мустамликавии Русияи подшоњї дар Осиёи Миёна (солњои 60-уми асри 19 - 1917 )" унвон гирифта ва нависандагон аз вожањои "забт" ва "њамла" кор гирифтаанд, ки як амри воќеъї аст. Њамчунин, нависандагони китоб њаргиз ба њаводис беэњтиромона ва бо мавзеъгирњои сиёсї нанигариста, балки талош кардаанд њељ њодиса ва рўйдод аз

мезолит ва неолит) оѓоз мешуданд, ки барои хонанда аввалан дилбазану хастакунанда буд, аз сўи дигар барояш чандон кашиш надошт, вале бародарон Муллољоновњо дар китоби хеш аз таърихи аввалин давлатњои ориёї - Пешдодиён, Каёниён пардохта, сипас бо мурур аз пайдоиши хату љашнњои бостонї, Эломиён, Модњо, Њахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Кидориён ва Хиёниён, Њайтолиён, Хоќонии Ѓарбии Турк, давраи хилофати аъроб, Тоњириён, Саффориён, Сомониён, Ѓазнавиён, Ќарахониён, Салљуќиён, Ѓуриён, Хоразмшоњиён, њамлаи муѓулњо, давлати Куртњои Њирот, Сарбадорон, Музаффарињо, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манѓитњо ва то замони истиќлоли Тољикистон (1991) ба хонанда аз сарнавишти пурфарозу нишеби халќи тољик њикоя кардаанд. Чизи дигаре, ки ба назари мо хуш намуд ва дар нигоштани таърих бояд аз он истифода кард, вобаста набудани назари муаллифон ба идеоложињои бегона аст. Онњо њељ њамлаи идео-

ложии хориљиро ба унвони муждае рањоибахш ва ё ягона гузинае надонистаанд ва аз њар љониб авоќиби њодисаро ба бањсу баррасй кашидаанд. Дар китобњои дарсии мактабњои миёна барои синфњои 9-11, ки давраи истеъмориро тасвир кардаанд, ба ин чиз зиёд дучор меоем. Охир тасаввур кунед мо ваќте дар мактаби миёна ба хонанда мефањмонем, ки агар истилои Русия набуд, мо дар љањлу тирагй мемондем ва рўи растагориро намедидем, чй руњияеро ба ў талќин мекунем? Ё дар бораи љараёни коллективонй, ки бар асари он њазорон њамватани мо ќурбон шуду дањњо њазори дигар беватан, чаро бо таассуб сухан меравад ва тарзе њаводис баён шудааст, ки гуё њељ гузинаи дигаре барои мардум ва кишвар вуљуд надоштааст. Ба талабаи синфи 11 бошад, китоби дарсии таърихи халќи тољик инро гўшзад мекунад, ки давлати ягонаву муќтадир ва боазамати Шўравй бар асари хиёнат ё сањлангории роњбарон пош хўрд. Пас истиќлол -ин неъмати бебањоро чигуна ќадрдонй кунем,

зеро дар њамин китоб аз ин њодисаи муњимтарини таърихи муосири кишвар бе шавќу завќ њикоят мешавад! Њамин тарзи тафаккур дар макотиби олй њам давом меёбад. Имсол дар рўзи Дониш Президенти кишвар бо нигаронй изњор дошт, ки баъзе устодони Донишгоњњо (њатто Донишгоњи миллй) њанўз ба донишљўён афсона мехонанд. Дар солњои нахустини истиќлол, ки худ донишљў будам, устодони фанни таърих, хусусан таърихи сиёсии асри 20, ки меросхўри таърихи њизб буд, устодони мо аз фурўпошии шўравй, ки соле ќабл иттифоќ афтода буд, бо оњу нола ќисса мекарданд ва мегуфтанд, ки безоранд аз чунин истиќлол, ки шакар ва њасиб намеёбанд. Инак, биёянду бубинанд дастархони имрўзаро, ки нон њам њасту шакар њам, вале рўњияи худшиносй ва фидокориро њанўз кам дорем ва барои бозёфтани он таърихе бояд бинигорем, ки љавононро огоњй ва бедорй бахшад ва барои нигоњ доштани арзишњои волои истиќлол талош варзанду бо асолатбохтагй дар ситез бошанд.

Ногуфта намонад, ки муаллифони китоб дар шарњи даврањои гуногун ба адабиёт, њунар, фарњанг, вазъияти иљтимої, сиёсї, иќтисодї низ пардохта, иттилооти комил ва тозаю муфидро дар ихтиёри хонандаи боњуш ќарор додаанд, ки донистани онњо барои њамаи алоќамандони таърихи халќи тољик вољиб аст. Тавре муаллифони чирадаст дар охирсухани китоб тазаккур додаанд: "бояд њамеша дар хотир дошт, ки агар нигоњ њарчї ќадар мухтасар њам бошад, бояд сарсариву шитобкорона набошад. Агар як рўйдоди таърихї њам мавриди баррасї ќарор гирад, кофист, ки бар сари он тааммул намоем, сабаб, натиља ва муњимтар аз њама сабаќи онро барои имрўзу фардо муайян созем. Њамеша бояд масали маъруфи аљдодамонро дар хотир дорем, ки мефармуданд: "бар љўи рафта рўзе об меояд". Миллате, ки дар гузашта ин њама корнома дорад, имрўз њам ќудрати офаринандагиро дорад". Ба њар сурат, китоби "Таърихи халќи тољик" на танњо барои донишљўёни макотиби олї, балки барои њар фарди тољик арзиш ва ањамияти болоро дорост ва ин колои воло дар њар замон харидор ва муштарї дорад. Шоњмирзои Хољамуњаммад, Шоњмансури Шоњмирзо, аъзои Иттињодияи байналмилалии рўзноманигорон

Силањшўр аз анљоми ќарибулвуќуъи сериёли "Њазрати Мусо (а) пайѓом дод

Сомонаи "Кимиёи саодат", мансуб ба олими тољик Сайидюнуси Истаравшанї истинодан ба хабаргузории "Тасним" иттилоъ дод, ки коргардони чирадасти эронї Фараљуллоњ Силањшўр аз анљоми ќарибулвуќўъи сериёли "Њазрати Мусо (а) пайѓом додааст. Фараљуллоњ Силањшўр, ки коргардони филми маъруфи "Њазрати Юсуф" мебошад, гуфтааст, ки то анљоми соли шамсї сериёли "Њазрати Мусо (а) низ ба поён хоњад расид.

Коргардони шинохта гуфтааст, ки дар айни замон "машѓули сохти ќисмати 57 сериали "Њазрати Мўсо (а)" њастам ва танњо 15 ќисмати он боќї мондааст, ки умедворам то поёни сол ба поён бирасад. Дар ин ќисмат достони фаро расидани саргардонии чињилсолаи ќавми Бани Исроилро месозем." Салањшўр, бо баёни ин ки тамоми сармоягузорињо барои сохти ин филми арзишманд то кунун аз тариќи хайрияњо таъмин шудааст, гуфт: "Аз сўйи давлат дигар сармоягузорї бар корњои арзишї, мазњабї ва ќуръонї анљом намешавад. Зоњиран, аз ин ба баъд тавлиди ингуна корњои арзишї таътил мешавад ва мавриди њимояти њеч ургоне ќарор намегиранд." Силањшўр, пеш аз ин, дар мавриди сериали "Њазрати Мўсо (а)" гуфта буд: "Ин сериал азимтарин асаре аст, ки то ба њол торихи дунё ба худ дидааст ва хеле фаротар аз тавони мост, ки албатта ниёз ба сармоягузорї аз сўйи нињодњои давлатї дорад. Бояд бибинем, масъулини зирабт барои ин кор ваќт мегузоранд ё хайр?! Њар ќисмат аз ин сериал 55 даќиќа аст, ки њар ду ќисмати он муодили як филми синамоии азим аст." Маврид ба ёдоварист, ки сериёли "Њазрати Юсуф" чор сол пеш аз пурбинандатарин филмњо дар Тољикистон буд. Ба муљарради аз шабакањои телевизионї пахш шудан, њар сирияи он дар дискњо фурўхта мешуданд. Маъмурини синамо гуфта буданд, ки "Њазрати Юсуф" дар Тољикистон бозори тиљорати сериёлњои мазњабиро тез кард ва зарфи дањ соли ахир њич филме назири он пурбинанда ва серхаридор набудааст.

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


8

Рўзгори њамватани бурунмарзї

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

“ Ќодиршои Муруват:

Љанги шањрвандї њазорњо шахсияти фарњангии кишварро дар аќсои олам парешон кард. Имрўз касе шумори даќиќи омўзгорон, рўзноманигорон, олимон ва фозилони миллатро намедонад, ки дар он солњо тарки Ватан карданд ва дар кишварњои дигар барои пайдо кардани макони амну осоиш ва дарёфти ќут барои худу фарзандонашон саргардон шуданд. Иддае рафтанду баргаштанд, вале иддае дигар бо гузашти солњо дар мулки дигар њам соњибобрў шуданд, на танњо кору зиндагї карданд, балки шамъи мањфили фарњангу адаби милиро фурузон карданд ва њоло њам онро рушану барљаста нигоњ медоранд.

мардумони Тољикистон ва Ќирѓизистон хидмат мекунанд. -Дар Ќирѓизистон чї кадар њамзабонон зиндагї мекунад? -Тибќи саршуморињои ахир, ки дар љумњурї анљом гирифт, шумораи тољикон ба 55 њазор мерасад. Тољикон аз ањди ќадим дар ин сарзамин сукунат доштаанд ва мурури кўтоњ ба номњои љуѓофиёи минтаќањои љанубии Ќирѓизистон ин гуфтаро таъйид менамояд. Дар вилоятњои Бодкан ва Ўш бо номњое чун Самарќандак, Зардолу, Љалолобод, Ќадамљо, Шоњимардон ва дањњо истилоњоти соф тољикї метавон дучор шуд, ки шарњу тавзењи изофиро намехоњад. Дар њудуди 35 њазор њамзабонон дар рустоњои вилояти Бодкан зиндагї дошта, боќї дар дигар вилояту шањрњои љумњурї иќомат доранд. -Фаъолони созмони тољикон то имрўз

"ПАЁМИ АЛА ТОО" - САДОИ ЊАМВАТАН АСТ" Ба шарофати ин афрод дар кишвари пањновари Русия ва дигар мамолики дуру наздик бо номњои гуногун созмонњои тољикон таъсис шуданду амал мекунанд. Бархе шўълаи норушан доранд, вале бахши дигар машъалафрўзи фарњангу тамаддуни миллат гаштанд. Яке аз ин афрод Ќодиршои Муруват, пажуњишгар ва рўзноманигори тољик аст, ки беш аз бист сол ба инљониб дар Бишкек, пойтахти давлати Ќирѓизистон зиндагонї мекунад. Муњаббат ба Ватан, садоќат ба ормонњои миллї ўро пайваста водор кард, ки љўёи њоли њаммиллатони худ бошад. Ва ин талошаш замоне самараи бештар дод, ки дар Ќирѓизистон Созмони тољикони ба номи устод Рўдакї таъсис гардид. Аз ин рўйдод 20 сол сипарї шуд ва тўли ин бист сол Ќодиршо муовини Раиси ин созмон аст ва баъдан мањз бо талоши дигари ў нашрияи ин созмон бо номи "Паёми Ала-Тоо" низ нашр гардид. Ин созмони љамъиятї тайи ин мудат дар роњи њифз ва рушди забону фарњанг ва расму ойини ниёконамон дар ин кишвари њамсоя хизматњои шоистаро анљом додаааст. Ва "Рўзгор" дар сўњбате бо Ќодиршои Муруват аввал аз ангезаи таъсиси он суол кард, ки посух чунин буд: -Фурўпошии Шўравии бузург ва рўи кор омадани кишварњои мустаќил, ба њолу авзои он ќишри љомеъа, ки акнун чун аќкалиятњои миллї баррасї мешуданд, таъсиргузор буд. Тољикони Ќирѓизистон низ дар ин росто истисно набуданд ва онњоро лозим омад, дар шароити љадиди иљтимої ва сиёсї зиндагї карда, роњу равиши њифзи забону фарњанги гузаштагонашонро дарёбанд. Ба њамин манзур моњи ноябри соли 1993 гуруњи равшанфикрони тољик дар рустои Учќургони вилояти Ўш (њоло вилояти Бодкан) маљлис ороста, ба таъсиси созмони љамъиятии тољикони Ќирѓизистон иќдом намуданд. Дере нагузашта Вазорати адлия ин созмони тозатаъсисро ба таври расмї ба ќайд гирифт ва аз моњи ноябри соли 1993 фаъолияти Иттињодияи љамъиятии тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Рўдакї оѓоз ёфт. Аввалин раиси ин созмон академик Абдуњалим Рањимљонов, табиби шинохтаи љумњурї буд, ки бурдборона ва хастагинопазирона тайи 15 сол аз он сарпарастї намуд. Панљ соли ахир устод Абдуњалим Рањимљонов ба унвони раиси ифтихории Иттињодияи љамъиятии тољикон барои пешрафти кор машваратњои худро вогузор мекунад. Бояд зикр кард, ки то соли 2008 дафтари марказии созмони тољикон дар рустои Учќўрѓон ќарор дошт ва фаъолияти он њамаи тољикони љумњуриро дар бар намегирифт. Пас аз интихоби раёсати нави созмони тољикон дар таърихи 12 августи соли 2008, тасмим шуд дафтари марказї ба Бишкек кўчонида шавад. Ба дунболи он, мо ба њамаи минтаќањои тољикнишини љумњурї мурољиат намуда, њамзабононро ба њамкорї даъват намудем. Њамин тариќ, дар дењањои Коргон ва Андараки ноњияи Лайлаки вилояти Бодкан, шањраки Њайдаркон,

www.ruzgor.tj

ноњияи Ќаросўи вилояти Ўш, шањри Ќара-болтаи вилояти Чуй низ марказњои фарњангии тољиконро таъсис намудем. Дар њоли њозир дар 9 шањру ноњияњои љумњурї шуъбаву бахшњои Созмони тољикон ба номи устод Рўдакї амал мекунанд ва сарпарастии онњо аз Бишкек сурат мегирад. Ин тарзи кор имкон медињад фаъолияти иттињодия пуррангтар шуда ва љињати бароварда шудани ниёзњои њамзабонон дар Ќирѓизистон иќдомњои лозим ва сариваќтї гирифта шавад.

-Тайи панљ соли ахир созмони тољикон ба чопи нашрияи худ иќдом кардааст. Сармоягузории "Паёми Ала-тоо" чї гуна анљом мегирад? -Бояд бигўям, ки тољикони Ќирѓизистон ба чунин нашрия сахт ниёз доштанд ва метавон гуфт, ки ин орзуи деринаи онњо буд. Њанўз даврони побарљо будани Шўравии собиќ, соли 1958 дар дењаи Учќўрѓони ноњияи Ќадамљо (он замон Учќўрѓон ноњияи мустаќил буд), нашрияи тољикї, бо номњои "Байраќи мусобиќа" ва баъдан (соли 1993) "Мављи Исфайрам" ба чоп мерасид. Ин нашрияњо ба теъдоди мањдуд чоп шуда ва фаќат миёни сокинони њамин дења пањн карда мешуданд. Бинобар далоили мухталиф ин рўзномањо низ аз фаъолият бозмонданд ва тољикони љумњурї тайи мудати мадид аз хондани нашрияи оммавї ба забони модарї мањрум буданд. Пас аз гузашти беш аз 20 сол ин холигоњ пур гардид ва акнун њамзабононамон имкон пайдо намуданд, дубора бо забони Рўдакиву Фирдавсиву Саъдї, матолиб ва рўйдодњои дохилї ва хориљиро бихонанд. То кунун 29 шумораи "Паёми Ала-Тоо" ба дасти њамзабонон расонида шудааст. Ќобили таъкид аст, ки Созмони тољикон ба унвони як нињоди љамъиятї аз њиљ љой њимояти молї намешавад ва тамоми барномањои мо аз њисоби кумакњои шахсї ва довталабонаи фаъолони он иљро мешаванд. Аз љумла

e mail: info@ruzgor.tj

нашри "Паёми Ала-Тоо" низ аз њамин тариќ сурат мегирад. Дар ин росто аз њиммати афроди миллатдўст, чун Равшанбек Собиров, Зафарбек Юсупов, Субњонќул Мардонќулов, Абдукарим Одинаев, Мавлонљон Абдураззоќов, Саидмурод Давлатов, Азимбек Отамбеков ва чанде дигарон ибрози сипос мекунам. -Чаро "Паёми Ала Тоо", на ягон номи дигар? -Таври маълум аќвоми тољик ва ќирѓиз аз ањди ќадим пањлўи њам, дар фазои дўстї

чї корњоеро анљом додаанд? -Иттињодияи љамъиятии тољикон ба номи устод Рўдакї дар ин 20 сол он ќадар корњоеро ба сомон расонид, ки шумориши онњо дар доираи ин мусоњиба ѓайриимкон аст. Вале ба назари ман, хидмати асосї ва шарофатмандонаи созмон, фаъолони иттињодия дар он аст, ки аз фаромўшї ва мањви забону фарњанги ниёконамон дар ин кишвари њамсоя пешгирї намуданд. Бар асари талошу пофишорињои мањз фаъолони созмон, фаъолияти мактабу маорифи тољикон идома ёфта, њоло дар 9 мактаби тањсилоти њамагони тољикбачањо ба забони модарї тањсил мекунанд. Албатта, дар ин росто кўмаку мадад ва њимоятњои маънавии Тољикистон наќши муњимро дорад. Дар доираи барномаи кўмак ба њамзабонони бурунмарзї, ки Раиси Љумњури Тољикистон аз он њимоят мекунад, 210 љавонони тољик дар донишгоњњои Душанбеву Хуљанд ба хониш фаро гирифта шудаанд. Дар таърихи 5 октябри соли равон як гуруњи эљодии телевизионњои Тољикистон аз дењаи Учќўрѓон боздид ва намоишњои вижаро оиди рўзгори тољикон тањия ва пахш карданд.Устод Шарифљони Учќўрѓонї, пири равшанзамир ва њомиву пуштибони фарњангу забони модарї, зимни суњбат аз шабакаи якуми ТВ Тољикистон матлаберо изњор намуд, ки баёнгари гуфтањои боло мебошад. Вай бо ибрози сипос аз таваљљўњи маќомоти Тољикистон ба сарнавишти њамзабонон дар Ќирѓизистон, таъкид намуд, ки мањз њамин њимоятњо мавриди руњбаландии тољикон шуда

ва бародарї ба сар мебаранд. Дигар ин, ки дар айёми бесомонињои Тољикистон мардуми ќирѓиз ва давлати Ќирѓизистон оворагони тољикро љой дод. Мо хуб медонем, ки барои мардуми ќирѓиз, дар баробари кўли зебои Исиќ-кўл, Бањодур Манас ва нависандаи Љањонї Чингиз Айтматов, инчунин ќуллањои њамеша барфпўши Ала Тоо муќаддас мебошанд. Бинобар ин ба эњтироми ин сарзамин, обу хок ва мардумони сарбаландаш, номи нашрияро "Паёми Ала Тоо" гузоштем. Итминон дорам, ки мавод ва матолиби ин нашрия дар тањкими дўстии миллатњо ва аќвоми сокини Ќирѓизистон наќш гузошта, дар як ваќт барои њамгирої ва наздиксозии

ва умеди онњоро ба ояндаи равшану бењтар таќвият мебахшад. -Бори дигар ба намояндагї аз ќаламкашони Тољикистон Шумо ва њамаи фаъолони созмони тољиконро бо ин рўйдоди фарањбахш табрик менамоям ва дар роњи њифз ва муаррафии тамаддун ва забони ноби тољикї бурдбориро орзу дорам. -Як љањон ташаккур. Воќеъан, мо ба њимоят ва пуштибонии маънавии ќаламкашони тољик ниёз дорем. Фикр мекунам таваљљўњ ва ташвиќи њамќаламон дар љодаи пурбортар шудани фаъолияти созмони Рўдакї мусоидат хоњад кард. Сўњбати Бобољони Шафеъ, «Рўзгор»

ruzgor@mail.ru


Синамо ва рўзгор

www.ruzgor.tj

Агарчи дар ин маќола сухан дар бораи чорабиние меравад, ки каме беш аз як моњ ќабл баргузор шуда буд, вале чун онро мутахассиси соња, коргардони синамо Љалол Шафеъї, эронии муќими Тољикистон навишта фикрњои љолиберо иброз доштааст, лозим донистем, ки маќоларо манзури хотири шумо намоем. Чанде пеш дар шањри Душанбе њафтаи синамои Љумњурии Лањистон баргузор гардид. Ин чорабинї барои ањли фарњанг ва синамо хеле маќбул буд. Аслан ин навъ аз фестивалњо, ки љойгоњи мушаххасе дар фењристи фестивалњои байналмилалї надоранд, унвони љашн ё њафтаи филмро ба худ мегиранд, ки њадаф аз баргузории онњо бештар ошної бо фарњанг ва тамаддуни кишвари ба намоишгузорандаи филмњо мебошад.

ШЕЪРИ СИНАМО Ва раќобате низ дар намоиши филмњо нест. Баргузоркунандагони ин намоишњо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Њукумати ЉТ ва Муассисаи "Тољикфилм" буданд. Дар суњбат хонум Малика, намояндаи ситоди баргузории ин чорабинї иброз дошт, ки синамогарони Лањистон ва Љумњурии Тољикистон ба мувофиќа расидаанд, то минбаъд њамкории дуљониба миёни онњо ба шакли љиддитар сурат бигирад. Дар фестивале, ки оянда дар кишвари Лањистон баргузор мешавад, ќарор аст синамогарони тољик низ ширкат биварзанд. Ў аз аввалин љашнвораи баргузоршудаи Лањистон дар Тољикистон хуб тавсиф кард. Мењмонњои даъватшуда аз Лањистон бори авваласт, ки ба Тољикистон омаданд ва хелле аз фарњанги хуби тољикон мутаассир гардиданд. Малика мегўяд, ки арзёбии онњо аз номоиши ин филмњо дар назди тамошобинон ќобили писанд буда ва филмњо тавонистаанд то дараљае томошобинонро љалб намоянд. Чуноне ки бармеояд дар интихоби филмњо њайати баргузорї, яъне Тољикфилм ва Кумитаи телевизион наќше надоштанд ва филмњо ба пешнињод аз тарафи намояндаи Лањистон интихоб шудааст, ки ба назари муаллифи маќола нуќтаи заъфи ин љашни филм дар њамин љо аст. Њар чанд ки таљрибаи намоиши филмњои кишвари Лањистон бори аввал аст, ки дар Тољикистон баргузор мегардад. Аз ин хотир метавон аз ин камбудињо чашм пушид. Бо нигоњи мухтасар ба номи филмњо ва коргардонњои онњо ба љуз аз як нафар "К. Занусї" баќияи коргардонњо машњур ва таљрибадор нестанд. Чунин ба назар мерасад, ки намояндаи Лањистон кушиш кардааст, ки насли љавонтари филмсозони кишварашро муарифї кунад. Акнун мебинем натиљаи синамои насли љавони Лањистон чист ва оё ќудрати раќобат бо синамои коргардонњои насли пештари Лањистон "Кишловский, Полонский, Войдо..."-ро доранд ё на? Бо нигоњи куллї ба филмњо метавон ба ин натиља расид, ки филмсозони матрањшуда бо филмњояшон ќудрати раќобат бо насли пештари худро надоранд. Табиатан фарњанги њар љомеа дар њоли рушд мебошад. Аммо саволи матрањ ин аст, ки пас чаро синамои Лањистон бо он ќудроти гузашта, табдил ба ин синамои ѓайрињирфавї ва беруњ гаштааст. Љавобро метавон дар худи филмњо мушоњида намуд. Ба аќидаи нигорандаи ин сатрњо насли пешќадами синамои Лањистон, ки баъд аз љанги дуюми љањонї шоњкорињои худро ба майдони синамо оварданд, тањти таъсири ранљи пас аз љанг синамои талхеро ироа медоданд ва андешаи яъс

ва ноумедї умуман дар тафаккур ва тасовири филмњо пайдо буд. Акнун насли љадиди синамогарони Лањистон бо рў овардан ба синамои танз (комедия) хостаанд, ки он сиёњии филмњои насли ќаблро љуброн кунанд, ки њамин матлаб боиси заъфи филмњояшон гардида аст. Чаро ки агар бигўем филми танз сохтан сахтар аз драматургї нест, ѓалат нагуфтем. Дар тули таърихи саду чанд солаи синамо танњо номи чанд танзофарро метавон ишора кард, ки филмњояшон љойгоњи њунарї дорад. Дар муќобил шояд њазорон филмсози муваффаќро дар жанри синамої драма ва мелодрамро мешиносем? Ин худ гувоњ бар эътибор ва маќоми синамои танз аст. Ин навъ синамо "албатта ба љуз шакли фонтазия" умуман масоили иљтимоиро нишон медињад ва камбудњои иљтимоиро ба шакли иѓроќомез ва дар ќолиби танз баён мекунад, ки сохтани филме бо ин мушаххасот кори басо душвор ва сангин аст. Агар нигоње ба жанри комедия афканем, дар таърихи синамо ангуштшумор устодоне дар ин жанр фаъолият ва филмофарї мекарданд. Хусусан Бастер Китон, Чарлї Чаплин, Били Вайдлер, Види Олен,… ва ѓайра худ нишондињандаи синамои гаронсанге комедия мебошад. Албатта набояд аз назар дур дошт, ки навъи танзе зарифро дар филмњои устодони синамои Лањистон низ метавон ёфт, ки зоњиран нишондињандаи руњияи танз ба љойгоњи он дар назди мардуми Лањистон мебошад. Бо ин њол дар филмњое, ки мо аз насли навини ин синамо мушоњида кардем, навъи камтаљрибагиро мебинем. Њатто дар чанд филми жанри драмаи ин њафтаи филм низ ин ин насл бетаљрибагии худро нишон медињад. Дар дањаи 70ва 80 милоди, синамои Лањистон бењтарин филмњои мустанадро бо коргардонњое мисли "М. Лозенски , Визновски, М. Пивуски ва њатто Кишловски ва дигарон" ба љомеаи љањонї муаррифї кард. Дар баёнияи маъруфи гурўњи "Краков", филмсозњо хостор шуданд, ки таљрибаи ба даст омада дар љараёни сохтани филмњои ѓайридостонї бояд дар корњои достонї мавриди истифода ќарор гирад ва ин иборат ба зербинои муњимми аз андешаи ахлоќии синамои Лањистон табдил шуд. Бо як нигоњ ба филмњои ин љашн амалан инъикоси он талошњо мушоњида намешавад. Эроди дигаре, ки ба филмњо метавон гирифт, умуман сохтор ва мизонсини (шакли филм) телевизиони онњо, заъфи сенария ва гоњо заъфи техникии коргардон ба чашм мехурад. Суњбат дар мавриди синамои Лањистон бањси муфассалтареро металабад, ки дар ин матлаб фурсате нест, ки ба он бипардозем. Аммо барои намуна наќди яке аз

филмњоро ба хонандагони азиз пешкаш мекунем, ки мањкум ба умумигўйи нашавем. Филми "Только не сейчас", ки тайи як назарсанљї аз бинандагон ба унвони бењтарин филми интихоб шуд ва ба гуфтаи хонум Малика яке аз пурбинандатарини филмњои Лањистон астро, арза медорем. ТОЛЬКО НЕ СЕЙЧАС "Танњо њоло не" режесёр: Валерия Пендроковский сенария: Юрий Рогозин жанр: Драма соли сохт 2009 Марди миёнсоли Русия хотироти љаво-

9

филми мо инсони фаъоле нест, ба ин маъно, ки амале аз ў намебинем, ки таъсирашро ба дигар шахсиятњо бигузорад. Ќањрамони филм, љавонест бо рафторњои кўдакона ва сардаргум, ки то интињои филм намедонем чї њадаферо дунбол мекунад. Иштибоње, ки нависандаи сенария кардааст дар ин аст, ки њадафи љавонро ишќи духтар ќарор додаст. Аммо амалан ва ба шакли таќрибї аз авоили филм шоњиди њузури онњо дар канори якдигар њастем. Пас чи чизро дар равобити онњо бояд дунбол гирем? Масалан, агар хадафи љавонро дар ба даст овардани дили духтар бидонем, табиатан дўст дорем, бифањмем дар ин роњ бо чї мушкилоте рў ба рў мешавад. Аммо њељ монеъи љиддї ва бузургеро дар ин роњ мушоњида намекунем. "Њарифи ишќї, танњо монеъи љавон дар роњи расидан ба духтар аст, ки таќрибан дар миёнаи филм кушта мешавад." Вуљуди монеъњои болораванда аз заиф то шаддид, аз ибтидо то интињои филм, ки дар муќобили ќањрамони филм ќарор мегирад, илова бар шаклдињии драма пухтагии зењният ва шахсияти ќањрамонро дар интињои филм ба дунбол дорад, ки бинандаи филм аз ин таљриба бенасиб намемонад. Гуфтем намунаи достонии ин филм шоњпиранг ё тарњи классик мебошад, дар ин гуна, бинанда бо ќањрамони танњо ва фаъол мувољењ аст, ки дар ривояти хаттї ва воќеї (дар баъзе филмњо амалњои ѓайривоќеъиро низ барои бинанда боварпазир месозанд) њадаферо дунбол мекунад ва дар ин роњ дучори кашмакаши берунї шуда ва нињоятан ба њадафаш мерасад ё баръакс. Мушкили асосии ќањрамони ин филм набуди њадафи мушаххас ва дар паи он набуди кашмакаш мебошад. Дар натиља, драма дар он шакл намегирад. Дар ин филм нависанда саъй карда аст аз техникае истифода кунад, ки љои холии мољароро пур кунад. "Њисси насталжї (њасрати гузашта) "Ба ин шакл ќањрамони достон бо нигоњи њасратомез аз гузашта, хотиротеро ба ёд меоварад то эњсосоти бинандаро тањрик кунад. Дар ин навъи синамо лањзањо ва

Аслан заъфи филм марбут ба сенарияи он аст. Сенария асосан дар шахсиятпардозї дучори мушкилот аст. Дар тарњи достонии классик суолоте, ки дар мавриди ќањрамон дар зењн пайдо мешавад, ба ин ќароранд: ќањрамон чї њадаферо дунбол мекунад? Чаро ба дунболи ин њадаф аст? Чї гуна мехоњад ба њадаф расад? Дар роњи расидан ба њадаф бо чї мавонеъи рў ба рў мешавад? Агар филми ба ин суолот дуруст ва ба љо љавоб дињад, мољаро ва сипас достон шакл мегирад.

ниаш дар соли1953 дар кишвари Лањистонро замоне, ки онљо сарбоз буд, ба хотир меорад. Ў дар он љо ошиќи духтаре шуда ва дар роњи ин ишќ њатто маљбур ба куштани њарифи ишќиаш мешавад. Аммо дар интињо ба хотири баъзе нофармонињо, аз тарафи раисаш ба љои дигаре интиќол дода мешавад, ки боиси дурї ва људоии вай аз ишќаш мешавад. Њоло дар даврони муосир, ки солхўрда шудааст, дар љустуљўи ишќи даврони љавониаш мебошад. Дар тарњи куллие ки дар бораи филм баён кардем, то њадде мушаххас шуд, ки филм ба хотири тарњи достонї, дорои тарњи шоњпиранг ё классик мебошад, ки унсурњои достонии он ба ин ќарор мебошад. "Ќањрамони танњо ва фаъол, равобити сабабї ва ба вуљуд омада, кашмакаши берунї, замони хаттї, поёни баста ва воќеияти як порча". Аслан заъфи филм марбут ба сенарияи он аст. Сенария асосан дар шахсиятпардозї дучори мушкилот аст. Дар тарњи достонии классик суолоте, ки дар мавриди ќањрамон дар зењн пайдо мешавад, ба ин ќароранд: ќањрамон чї њадаферо дунбол мекунад? Чаро ба дунболи ин њадаф аст? Чї гуна мехоњад ба њадаф расад? Дар роњи расидан ба њадаф бо чї мавонеъи рў ба рў мешавад? Агар филми ба ин суолот дуруст ва ба љо љавоб дињад, мољаро ва сипас достон шакл мегирад. Мољарои аз кашмакаши ќањрамон бо зидди ќањрамон дар роњи расидан ба њадафи ќањрамон, ки драмаро шакл медињад. Ќањрамони

ruzgor@hotmail.com

№27 (027) 04 декабри соли 2013

info@ruzgor.tj

мољароњое, ки ба ёдамон мерасад таљрибаи эњсоси баланд дар бинанда эљод мекунад, аммо дар филми мавриди назари мо ин лањазот ва мољароњои хосро намебинем. Барои намуна: ишора мешавад ба лањзае, ки ќањрамони миёнсол вориди калисо шуда ба мањзи вуруд, мо љавонии вайро мебинем њамроњ бо дўсти духтараш, аммо њарчи мунтазири мољаро ё лањзае њастем, ки бозоии ин хотиротро бифањмем, њељ чизи хосеро мушоњида намекунем ва ин суол дар зењни бинанда шакл мегирад, ки чаро асосан ин тасвир ба сањна кашида шудааст. Чаро, ки мо дар зиндагии воќеї ваќте ба гузашта фикр мекунем ва хотираеро ба ёд меоварем, њатман он хотира нуктаи муњиме ва дар паи он эњсоси амиќеро дар мо эљод кардааст, ки аз байни ин њама иттифоќ он хотираи хос дар хотирамон мондааст. Дар ин навъ ва жанри синамо хонандагонро тавсия медињам ба шоњкори Љузепе Таррантини (режисёри итолиовї) ба номи "Синамо пародизо", ки дар фестивали муњими љањонї тавонист муваффаќиятњои зиёде ба даст биёварад ва муњимтар аз ин њама, ки филми зебое ба таърихи синамо афзуда шуд, дар ин филм даќиќан бо њамин навъ ривоят мувољењ њастем. Аммо бубинед, ки дар он љо чи хотирот ва лањазоти хос ва пурэњсоси ба хотираи ќањрамони солхўрдаи филм мерасад, ки бинандаро ба як таљрибаи эњсоси љадиде мерасонад. Идома дорад

www.ruzgor.tj


10

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Дин ва рўзгор

www.ruzgor.tj

Дар сўњбате, ки бо номи "Исо алайњиссалом куљо шуд?" дар шумораи гузашта чоп шуда буд, оид ба офариниши Исои Руњуллоњ аз нигоњи Ќуръон ва њадис ва иддиои исавиёну яњудиён дар ин маврид муфасал сухан мерафт. Аммо њикмати Илоњиро поён нест. Хонандаи мо Мањмадзамон Њайдаров аз ноњияи Варзоб ин суолро матрањ кардааст, ки агар офариниши Исо (ъ) ба ин гуна шигифтангез бошад, пас офариниши инсон бояд аз он њам шигифтовартар сурат гирифтааст. Хонанда барњаќ дуруст ќайд мекунад ва њарчанд дар ин маврид бисёрињо шояд маълумот доранд, вале мо ин суолро ба Абдушарифи Боќизода, муаллифи "Тафсири навини Ќуръон" ироа кардем ва посухи он фаврї ба идора расид, ки инак пешкаши хонандагон мекунем. «Рўзгор»

омад ва ў аз маљмўъаи аносири бељон ва бењаракат ба инсони зинда табдил гардид. Яъне, дар ибтидо хоки рўи замин, ки Одам (ъ) аз он офарида шудааст, дар натиљаи бориши зиёд ба гил табдил ёфта ва Худованд барои офариниши ў навъї хосеро аз миёни гилњои гуногун бармегузинад. Ин навъи гил пас аз муддате ба шакли гили часпак ва ё ќаиш ва бањамчаспида медарояд ва оњиста оњиста таѓйири бештаре меёбад ва ба худ ранги сиёњча ва бўи бад мегирад. Саранљом, Худованд аз он гили сиёњранги бадбўй сафоли хоме омода месозад ва он пас аз таровидани комили об ва рутубаташ ба сафоле ба монанди фахфур табдил меёбад ва дар охир ба он рўњ медамад ва њамин тавр пас аз чандин марњала Одам (ъ) офарида мешавад. Ќуръони карим дар оятњои 61-уми сураи Њуд, 55-уми сураи Тоњо, 32-юми сураи Наљм

шон фаро мехонад. НАЗАРИЯИ ОФАРИНИШ БАР ПОЯИ ИЛМИ ИМРЎЗ Амалияи марњала ба марњалаи офариниш дар абъоди сегонааш, ки замони нињоят тўлониеро дар умри коинот, замин ва ба вуљуд омадани њаёт дар рўи он дар бар гирифтааст, баъзе кофирон ва марокизи илмиро ба эълони назарияи такомули органикие тела дод, ки ба моддияти мањзи нахустин мављуди олам фаро мехонад. Бар асоси ин назария њаёт барои аввалин бор дар рўи замин дар зери таъсири нурњои офтоб дар лой ва минтаќањои ботлоќии сатњи он худ ба худ ва бе њељ барномаи ќаблие ба вуљуд омадааст ва пас аз он дар натиљаи такомули кўр-кўрона ба дараљаи инсон - ин мављуди рушдёфта расидааст. Онњо айнан аз њамон чизе, ки њастї ва

Њикмати офариниши Одам (ъ) аз хок

Албатта, як суњбат ѓунљоиши онро надошт, ки дар ин маврид батафсил сухан ронем. Дар њаќиќат офариниши Одам (ъ) басе шигифтовартар аз офариниши Исои Руњуллоњ аст ва Худовнди муттаол њикмати ин офаринишро дар чандин љои Ќуръони Маљид ќайд кардааст. Насрониён ќабул надоштанд, ки Исо (ъ) бо илќои калима ва рўње аз љониби Худо ба домони Марям ба вуљуд омада бошад. Онњо Худоро - паноњ ба Ў - падари Исо мегуфтанд ва њамон бе падар ба дунё омадани ўро далели писари Худо буданаш медонистанд. Ќуръони Карим бо овардани далели мантиќї ва њисси (бо зарфиятњои аќлии инсон даркшаванда)-е онњоро ба хатои фикрї ва инњирофи эътиќодиашон мутаваљљењ месозад. Ростї, агар офариниши Исо (ъ) аз сўи Худо ба он сурати мўъљизавї аљобате дошта бошад, пас офариниши Одам (ъ) аз он аљибтар мебошад. Зеро агар Худованд Исо (ъ)ро бе падар ва танњо ба василаи модар ба дунё оварда бошад, пас Одам (ъ)-ро бе падару модар, яъне аз хок офаридааст. Ваќте офариниши мўъљизавии Одам (ъ) наметавонад барои фарзанди Худо буданаш далел гардад, пас андешаи инсон чї гуна инро мепазирад, ки Исо (ъ) писари Худо аст? Намунаи Исо дар назди Худо бе њељ шакке, ба монанди намунаи Одам мебошад, ўро аз хок офарид, он гоњ ба ў гуфт: Пайдо шав! Вай дарњол ба вуљуд омад. Худои таъоло дар ин оят таъкид менамояд, ки офариниши аввалин инсон - падари башарият Одам (ъ) - ба сурати мўъљизавї ва аз хок ба амал омадааст ва амалияи офариниш бар асоси њикмати азалии Худованд тайи марњалањои паёпае анљом гирифтааст. Оятњои гуногуне ба баёни амалияи халќи Одам (ъ) пардохта, њафт марњалаи офариниши ўро ба таври даќиќ зикр намудаанд: 1. Хок аввалин унсур ва моддаи хомро дар офариниши Одам (ъ) ташкил медињад, ба ин маъно, ки Худованд офариниши ўро аз хок шурўъ намудааст. Оятњои 59-уми сураи Оли Имрон, 37-уми сураи Кањф, 5-уми сураи Њаљ, 20-уми сураи Рум, 11-уми сураи Фотир ва 67-уми сураи Ѓофир ин воќеъиятро баён менамоянд. Дар њадиси ќудсие, ки "Сунани Абудовуд" (4693) ва "Сунани Тирмизї" (2955) овардаанд, ривоят мешавад, ки Расули акрам (с) дар ин бора мефармояд: "Худованд Одамро аз мушти хоке, ки онро аз тамоми рўи замин гирифт, халќ намуд, бинобар ин, фарзандони ў ба андозаи рўи замин омада, баъзе аз онњо сурхпўст, сафедпўст, сиёњпўст ва дар миёни он ва баъзе аз онњо хабис (палид), пок ва дар миёни он њастанд". 2. Гил ва он аз лойи шўрида (сиришта) иборат аст, яъне пас аз он он хок бо об сиришта шуд ва ба гил табдил ёфт. Оятњои 2юми сураи Анъом, 12-уми сураи Аъроф, 7уми сураи Саљда, 71-ум то 76-уми сураи Сод ва 61-уми сураи Исро ба ин марњалаи офариниши Одам (ъ) ишора менамоянд. "Ўст Худое ки шуморо аз хок биёофарид, пас фармони аљалу маргро бар њама кас мусаллат кард..." (Анъом, 2) 3. Сулола (навъ)-е аз гил, яъне он гоњ аз миёни гили ба вуљудомада бењтарин ќисмат ва навъи он барои офариниши Одам (ъ) интихоб ва баргирифта мешавад. Ояти 12-уми сураи Мўъминун ин марњаларо бозгў намудааст. 4. Гили часпак ва ё ќаиш ва бањамчаспида, яъне то ин марњала аносири таркиби гил чунон ба њам омехта ва сиришти он расида

www.ruzgor.tj

буд, ки аз он гилмояи Одам (ъ) ба таври комил ба вуљуд оварда шуд. Ояти 11-уми сураи Соффот ин воќеъияти илмиро баён медорад. 5. Сафоле аз лойи сиёњи бадбўй, яъне пас аз муддате рангу бўи он гили расида таѓйир хўрда, ба гили сиёњи бадбўе табдил меёбад ва дар ин марњала пас аз ниматаровидани об ва рутубати таркиби гил аз он сафоли ниматамоме сохта мешавад. Оятњои 26-ум, 28ум ва 33-юми сураи Њиљр ба ин марњалаи офариниши Одам (ъ) ишора менамоянд. 6. Сафоле ба монанди фахфур (фарфор), яъне сафоли расида ва комил. Ояти 14-уми сураи Аррањмон ба ин марњалаи халќи Одам (ъ) ишора менамояд. 7. Дамидани рўњ. Ин марњала охирин марњалаи офариниши Одам (ъ) мебошад, ки пас аз тай шудани марњалањои ќаблї ва ба таври комил сохта шудани колбад (љасад)-и хокии ў сурат мегирад. Дар ин марњала Худои таъоло дар колбади хокии Одам (ъ) рўњ медамад ва он ба мављуди зинда ва дорои нерўи зењну идроке табдил меёбад. Рўњ яке аз амрњо ва ё сохтори хоси Худовандї мебошад, ки башарият њанўз дар бораи он, љуз ба њамон андозае, ки дар Ќуръон ва суннат дар бораи он хабар дода шудааст, маълумоте надорад. Рўњ мояи аслї ва сирри њаёт аст, ки бо дамидани он дар колбади Одам (ъ) љањише дар навъи офариниши ў ба вуљуд

e mail: info@ruzgor.tj

ва 17-ум ва 18-уми сураи Нўњ ба таври умумї ба тамоми ин марњалањои офариниши инсон аз замин ишора менамояд. Шоёни зикр аст, ки амалияи офариниш дар абъоди сегонаи он: офариниши коинот, офариниши њаёт ва офариниши одам комилан аз умури ѓайб буда, башарият дар он замон вуљуд надошт. Худои таъоло дар ин бора мефармояд: "Онњоро на дар офариниши осмонњо ва замин ва на дар офариниши худашон шоњид насохтаам …". (Сураи Кањф, ояти 51) Пас инсон танњо аз ду роњ: яке иктишофоти илмї ва дигаре њаќоиќи илмие, ки дар Ќуръон ва суннат ба онњо ишора шудааст, метавонад ба дарки њаќоиќи офариниш даст ёбад. Аллоњ таъоло бо рањмати фарогири хеш дар ќабатњои сангии замин, дар сафњаи пањновари осмон ва дар вуљуди худи инсон шањодатњо ва нишонањои даркшавандаеро аз осори офариниш боќї гузоштааст, ки инсонро дар арсаи омўзишњои гуногуни илмї бо такя бар имкониятњои мањдудаш кўмак менамоянд ва дар бисёр мавридњо ўро ба бозёфтњои нисбие ноил месозанд, вале ин дастовардњо дар ѓиёби баёноти илмї ва ба дур аз ифодањои њадафманди Ќуръон ва суннат њамчунон ноќис ва нотамом боќї мемонанд. Бинобар ин, Ќуръони карим дар чандин оят мардумро ба андешидан дар чигунагии офариниши осмонњо ва замин ва ба тааммул дар осори ќудрати хеш дар вуљуди худа-

ruzgor@mail.ru

вуљуди осори ќудрати Худовандро дар љањони офариниш ба исбот мерасонад, бардоштњои маъкус ва натоиљи илман нодуруст гирифтаанд. Аммо сохтори печидаи њуљайраи зинда, фаъолиятњои табиъї, химиявї ва органикии он ва таркиббандии даќиќи коди виросатї ва ё ДНК-и инсон ва дигар мављудоти зинда он назарияро ба он шакл комилан рад менамоянд. Молекулаи протеинї, ки хишти бинои њуљайраи зиндаро ташкил медињад, сохтори мураккабе дорад, ки аз молекулањои бист навъ аминокислотањо ба вуљуд омадааст ва њар навъи онњо ба шакли хосе тартиббандї шуда, бо нисбатњои даќиќ ва мушаххас ва дар зимни пайвастагињои химиявие ба якдигар пайваст шудаанд. Ин вањдати умумии навъњои гуногуни аминокислотањоро дар таркиби молекулаи њуљайра пайвастагии пептидї (Peptide Bond) ва ё њазмї (табдилдињандаи маводи ѓизої ба маводи органикї) меноманд ва тамоми бист навъ аминокислотањое, ки таркиби протеинии њуљайрањои њамаи мављудоти зиндаро ба вуљуд овардаанд, як гурўњро ташкил медињанд, ки онро гурўњи алфа (Alpha Type) меноманд. Болотар аз ин, таркиби молекулаи аминокислота, ки аз шаш унсур (элемент)-и асоси: карбон, гидроген, оксиген, нитроген, кибрит (сулфат) ва фосфор иборат аст, сохтори печидаеро ба вуљуд овардааст, ки танњо интихоби ин шаш унсур аз миёни яксаду чанд унсури мављуд дар табиъат ба њайси асоси бинои он дурустии назарияи эволюсияи органикиро ба он маъно ба зери суол мебарад. Ваќте мебинем, ки заррањои таркиби аминокислотањо дар њуљайраи тамоми мављудоти зинда аз рост ба чап љойгир ва тартиббандї шудаанд, вале онњо ба муљарради фавти мављудоти зинда тартиби љойгиршавии худро фавран аз чап ба рост бо њамон нисбатњои собит таѓйир медињанд, печидагии ин сохтори Илоњї - таркиби молекулавии њуљайрањо бароямон бештар равшан мегардад ва ин воќеъияти айнї бароямон илман собит месозад, ки њама бар асоси барномаи даќиќ ва ќаблан тарњрезишудае ба вуљуд омада, масири худро дар зиндагї идома медињанд. Шоёни зикр аст, ки ин таѓйири тартиби љойгиршавии заррањои таркиби аминокислотањо пас аз вафот барои муайян сохтани лањзаи фавти мављуди зинда мусоъидат менамояд. Заррањои молекулавии таркиби аминокислотањо њатто дар таркиби молекулањои протеиние, ки њуљайраи зиндаро ба вуљуд меоваранд, низ ба тартиби аз рост ба чап љойгир шудаанд, вале тартиби љойгиршавии онњо дар таркиби нуклеарњо (Nucleatides) ва ё навидањо, ки рамзњо ва аломатњои коди виросатиро муайян менамоянд, аз рост ба чап мебошанд. Ин љост, ки Худованд дар ояти баъдї мефармояд: "Ин њамон њаќиќатест, ки аз љониби Парвардигорат баён гардидааст, пас (њељ гоње) аз шаккунандагон набош". Абдушариф Боќизода, муфассири Ќуръони Маљид, барои "Рўзгор"


Дин ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

11

СУЊУФИ ИБРОЊИМ ЪАЛАЙЊИССАЛОМ

Ќариб аксари мусалмонон огоњанд, ки китобњои осмонии "Инљил" барои Исо (а), "Таврот" барои Мўсо (а), "Забур" барои Довуд (а) ва "Ќуръон" барои Муњаммад (а) тавассути њазрати Љабрайил (а) аз љониби Њаќ таъоло вањй гардидааст. Ба ѓайр аз ин китобњо боз чанд сањифае ба паёмбарони гуногун вањй гардидааст. Аз љумла ќариб тамоми мусалмонон маълумот доранд, ки барои њазрати Иброњим (а) чанд сањифае нозил гардидааст, ки он бо унвони "Суњуфи Иброњим ъалайњис-салом" машњур аст.

Вале мутассифона аз он, ки ин "Суњуф" аз чи иборатанд, ќисмати ками мусалмонон огоњї доранд. Бинобар њамин њам, мо лозим донистем, ки дар мавриди он ба муштариёни арљуманди њафтанома ва сомонаи "Рўзгор" маълумот дињем. Аслан бист сањифа аз барои Иброњим (а) нозил шудааст ва дар он аксар амсол ва мавъиза дарљ ёфтааст ва аз љумлаи он 27 насињат дар ин нусха зикр мегардад: Насињати аввал он, ки: Эй писари Одам, Ман хушнудам аз ту ба намоз ва ибодати рўз ба рўз, ту низ розї бош аз ман ба ризќи рўз ба рўз. Дуввум он, ки Каъб-ул-ахбор (р) мегўяд, ки аз "Суњуфи Иброњим" аст, ки тањаммул кун эй фарзанди одам, ки ќисмат щудааст ва њарис ноумед аст ва бахил бад аст ва њасуд ѓамгин аст ва дунё нопойдор аст ва рўзирасонанда Худованди мењрабон аст. Саввум он, ки: Эй писари Одам, пеш фирист он чи дорї аз барои он рўз, ки дар пеш дорї. Чањорум он, ки: Эй писари Одам, шукргузорї кун касеро, ки дар бораи ту инъом фармуд ва инъом кун дар њаќќи он, ки шукргузории туро намуд. Панљум он, ки: Эй писари Одам, њамаи умри худро дар талаби дунёи фонї сарф кардї, талаби охират кай хоњї кард? Шашум он, ки: Эй писари Одам ,ба дурустї, ки фармудаам аз барои чашмони ту пўшише, ки иборат аз пилк аст, то чизе чун надидание дар пеши назари ту ояд, филњол чашмони худро аз он бипушонї ва њамчунин аз барои дањони ту табаќае аз лабони ту тартиб кардаам то чун сухане нагуфтанї бошад, аз он лаб бубандї. Њафтум он, ки: Эй писари Одам, аз онњое мабош, ки талаби дунё кунанд ба тўли амал (орзуи бисёр) ва орзуи уќбо баранд ба таќлили амал. Сухани эшон мувофиќи обидон бувад, фааммо амали эшон мутобиќи мунофиќон бошад. Агар атое наёбанд, ќаноъат накунанд, ва агар муроде аз эшон боздоранд, сабр накунанд ва агарчи муомилот бад ин минвол гузарад, бидон, ки туро ба балое гирифтор гардонам, ки њамаи оламиён аз ту таљриба бардоранд. Њаштум он, ки: Эй писари Одам, њар ки туро дўст медорад, аз барои ту дўст медорад. Савганд ба иззати Ман, ки туро Ман аз барои ту дуст медорам, зинњор, ки худро аз Ман ба шумии бухл дур наяндозї. Нуњум он, ки: Эй писари Одам, дар гардани ту ду михлот (тубра) овехта, дар яке айби ту ва дар дигаре айбњои мардум ва ту њамвора чашм аз айбњои худ бардўхта ва чашм ба айбњои мардум андохта, ин на аз инсоф аст. Дањум он, ки: Эй писари Одам, на њар, ки калимаи "Ло илоња иллаллоњ" бигўяд дар бињишт дарояд, магар касе, ки бар он

чанд амали дигар љамъ кунад. Яке тавозуъ намояд дар даргоњи Ман ва умри худро бигузорад ба ёди Ман ва нафси худро аз муњараммот боздорад аз барои Ман ва ѓарибонро аз љавори худ љой дињад ва бар ятимон рањм намояд аз барои ризои Ман. Ёздањум он, ки: Эй писари Одам, чун дар дили худ касовате (сахтдилї) ёбї ё дар бадани худ бемориеро мушоњида кунї, ё дар рўзии худ њирмоно мутолеъа намої, ё дар амволи худ нуќсоне тавањњум (гумон) кунї, бидон, ки њамаи инњо аз шумии суханони бемаъниву пуч аст, ки ба он такаллум намудаї. Дувоздањум он, ки: Эй писари Одам, агар ту бињиштро дўст медорї, Худованди љалла ва ъало тоатро дўст медорад. Ту амал кун ба он чї дўсти Ман аст, яъне тоъат, то дарорам туро дар он чи дўсти туст,

мењмони туро гиромї дорам. Њазрати Иброњим (а) гуфт: Худовандо, мењмони њазрати Ту кист, то ўро гиромї дорам? Вањй омад, ки: Њар фаќири њаќире ки назди ту ояд, бидон, ки ў мењмони Ман аст. Шонздањум он, ки њамеша шумо хатокоронед ва Ман њама ѓуфрон. Ба Ман боз гард ва тавба кун то њар чї кардаї биёмурзам ва бок надорам. Њабдањум он, ки: Эй писари Одам, Маро ёд кун дар ваќте ки ѓазаби ту муставлї гардад, то туро ёд кунам ба рањмати худ дар ваќте, ки ѓазаби Ман зуњур кунад. Њаждањум он, ки: Эй писари Одам, њар кї аз Ман розї шавад аз камии ризќ, Ман низ розї мешавам аз камбудии амал. Нуздањум он, ки: Эй писари Одам, се чиз аст: яке хосса аз они Ман ва яке хосса аз они ту ва яке миёни Ману ту. Он чи

Ва ривоят аст, ки Иброњим (а) аз Њаќ субњонању ва таъоло савол фармуд, ки: Худовандо, чист љазои он бандае, ки рухсора ба оби дида аз тарси Ту тар кунад? Њаќ таъоло љавоб фармуд, ки: Эй Иброњим, љазои ў маѓфирати Ман ва бињишти Ман ва ризвони Ман аст. Гуфт: Худовандо чист љазои он кас, ки мутакаффили ятиме ва бевае бувад? Фармуд, ки: Эй Иброњим, љазои ў он, ки ўро дар сояи арши худ љой дињам дар рўзи ќиёмат. Иброњим (а) гуфт: Лакал-њамду Илоњї.

яъне бињишт. Ва агар ту макрўњ медорї дўзахро, Худои ту низ макрўњ медорад гуноњро. Ту тарк кун макрўњи Маро, яъне гуноњро, то Ман нигоњ дорам туро аз макрўњи ту, яъне оташи дўзах. Сездањум он, ки: Эй писари Одам, аз шубањот парњез намой, то Маро бишносї ва гуруснагї пеша кун, то Маро бубинї ва худро аз барои ибодати Ман фароѓ соз, то ба Ман восил гардї. Чањордањум он, ки: мискин писари Одам, агар аз барои бињишт он миќдор кор кунад, ки аз барои дунё кунад, Худованд субњонању ўро бењисоб дар бињишт дарорад. Ва агар ќаноъат кунад ба он чї Худои таъоло ўро карам намуда, ўро аз кулли халоиќ бениёз гардонад. Ва агар тарки њаром кунад, дини худро холис гардонад. Ва агар тарки дурўѓ кунад, аз љумлаи сиддиќон гардад. Понздањум он, ки: Эй писари Одам, њар чи дорї аз муњтољон боз магир, то Ман низ боз надорам аз ту рањмати худро. Ва гиромї дор мењмони Маро, чунон чи Ман

хоссаи Ман аст, он рўњ аст дар бадани ту. Ва он чї хоссаи туст, амали туст. Ва он чї миёни Ману туст, аз ту дуъо ва аз Ман иљобат. Пас зинњор, ки мањљуб нагардонї дуъои худро аз Ман ба луќмаи њаром. Бистум он, ки: Эй писари Одам, ба он миќдор, ки дили ту майл кунад ба дунё, берун барам муњаббати худро аз дили ту. Ба он миќдор, ки њирс варзї ба дунё, берун барам њаловати имонро аз синаи ту. Бисту якум он, ки: Эй писари Одам, туро аз барои он наёфаридаам ки дунё љамъ кунї, балки аз барои ибодати худ офаридаам ва барои он, ки боздорї даъвати мазлумонро аз даргоњи Ман. Ба дурустї, ки дуъои мазлумонро иљобат мекунам агар чанд фурсате дар миён афтад. Бисту дуввум он, ки: Эй писари Одам, њељ рўзии ту кам нашавад, магар он, ки аз барои ту ризќе муљаддад (нав) фиристам ва дар баробари он фариштагони Ман аз ту амали нописандидаи туро ба љаноби Ман биёваранд. Рўзии Ман мехўрї ва исёни Ман меварзї ва бо вуљуди ин дуъо кунї,

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

иљобат мекунам ва њарчанд металабї, ато медињам ва туро ба бињишт мехонам, иљобат намекунї ва ин аз инсоф нест, ки бо Ман пеш мебарї. Бисту саввум он, ки: Эй писари Одам, таќарруб љўй ба Ман ба навофил ва љавори Ман ба даст ор ба иморати масољид ва ризои Ман талаб кун ба њамнишинї бо уламо ва дурўѓро ба куллї тарк кун, то малоикаи Ман ба мусофањаи ту таќарруб љўйянд ва ѓайбатро бигзор то бињишти Ман ба ту муштоќ гардад ва баъд аз намози бомдод ва намози дигар соате маро ёд кун, то мобайни ин ду ваќтро аз барои ту кифоят кунам. Бисту чањорум он, ки: Эй писари Одам, аз дуъо малул машав, ки Ман аз иљобат малул намешавам, њарчанд дар маъосї исроф карда бошї, ноумед машав аз рањмати Ман ба дурустї, ки рањмати Ман шомили њамаи чизњост. Бисту панљум он, ки: Эй писари Одам, бе саволу талабе туро ба фазли худ каромат кардаам, пас чї гуна бахилї кунам бо ту ба бињишт бо вуљуди ин њама саволу талаб. Бисту шашум он, ки: Эй писари Одам, бипайванд бо касе, ки аз ту бибуррад ва ато кун бо касе, ки туро мањрум гардонад. Сухан гўй бо касе, ки забон аз ту боз дорад ва насињат кун њар кї дар бораи ту хиёнат кунад ва афв кун аз њар кї дар њаќќи ту зулм кунад. Ва њар кї бо ту бади кунад ту дар њаќќи он некї кун, то аз љумлаи собиќон бошї ба љаннат ва аз фоизон барањмат ва туро бо ин муомилот савоби њафтод пайѓамбар каромат кунам. Бисту њафтум он, ки: Эй писари Одам, равандаї, тўшае њосил кун, ки сафари дароз дар пеш дорї ва бори худро сабук кун, ки аќибае дар рањ дорї ва холис кун амалњоятро, ки Худованди бино дорї. Ва гўянд ин насињати охирин буд аз насоењи "Суњуфи Иброњим ъалайњис-салом". Ва ривоят аст, ки Иброњим (а) аз Њаќ субњонању ва таъоло савол фармуд, ки: Худовандо, чист љазои он бандае, ки рухсора ба оби дида аз тарси Ту тар кунад? Њаќ таъоло љавоб фармуд, ки: Эй Иброњим, љазои ў маѓфирати Ман ва бињишти Ман ва ризвони Ман аст. Гуфт: Худовандо чист љазои он кас, ки мутакаффили ятиме ва бевае бувад? Фармуд, ки: Эй Иброњим, љазои ў он, ки ўро дар сояи арши худ љой дињам дар рўзи ќиёмат. Иброњим (а) гуфт: Лакал-њамду Илоњї. Аз китоби "Адаб тољест аз нури Илоњї"-и Иброњими Наќќош фароњамсоз Саидмурод Шарифов.

www.ruzgor.tj


12

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Рози зиндагї

www.ruzgor.tj

Ин маќола ба хотираи дурахшони ховаршиноси маъруфи тољик шодравон Амрияздон Алимардонов, ки дар соњаи адабиёти классикии форсу тољик,хосатан њавзаи адабии Њинду Покистон, пажўњишњои арзишманде аз худ боќї мондааст ва моњи моњи ноябри соли равон 75 сола шуд, бахшида мешавад. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод! Муаллиф

зода ва парвардаи шањри Лоњур буда, дар ин шањр миёнањои асри 11 ба дунё омадааст. Маънавиёти худро дар муњити адабї ва фарњангии шањрњои Лоњур ва Ѓазна таќвият бахшидааст.Ў чун љавони тарбияи хуб дида, ба муњити дарбори Ѓазнавиён дар Лоњур, ки маркази давлати исломї мањсуб меёфт, кашида шуда, яке аз шахсони наздики султони ваќт Сайфуддавла Мањмуд мегардад ва дар корзорњо ва љангњое, ки Ѓазнави-

ён надоштанд, пешнињод намуданд. Бо амри Султон Иброњим писараш Сайфуддавла Мањмуд соли 1087 зиндонї гардида, дўстону нодимонаш низ ба ин њол афканда шуданд. Аз љумла, шоири бузург Масъуди Саъди Салмон чун љинояткори сиёсї 7 сол дар Ќалъањои Дањак ва Су, 3 соли дигар дар Ќалъаи Ной, љамъан дањ соли умри љавонии худро дар зиндон гузаронидааст.

шоир бо он фозилони декабристи рус, ки ба пойњояшон ишкел зада равонаи зиндонњои Сибири кањратун намуда буданд ва пайваста вориди зиндонњои мушкилзист гардонида мешуданд хело њам монанд њаст. Дар ин хусус шоир чунин менигорад: Гусаста банд ду пои ман, аз гаронии банд Заиф гашта тани ман зи мењнати алвон.

ёне дар Њиндустон бо маќсади васеъ намудани хоки давлати хеш мебурданд, пайваста дар сафи намояндагони асосии њукумат ќарор мегирад. Шоир дар дарбори ин подшоњ шўњрати зиёд ёфта, ба иззату њурмат ва љойгоњи баланд мерасад. Давраи зиндагонии хуши Масъуди Саъди Салмон на он ќадар тўлонї будааст.Маълум аст, ки њар шоиру олиму њунарманди баландпоя њарифону њасудони худро дорад ва шоир Масъуд низ аз ин омилњои пур аз шаръ ва њасудию бадбини дар канор намонд. Ин њасудон ва душманони заифу дурўяааш ба пояњои баланди маќомоти давлатї расидану иззату њурмати зиёди ўро дар дарбор дида натавонистанд ва бо нотавонбинии зиёд дар пайи аз пой афтондани шоир гаштаанд.Ин ќабил мардум тавонистанд, ки шоири љавон ва овозадорро, ки умраш аз 30 сол беш набуд, ба бўњтон кашанд ва пеш аз њама бо овозањои дурўѓин ўро љинояткори давлатї эълон намоянд. Ашхоси ѓаразнок ба Султон Иброњим расониданд, ки писараш Сайфуддавла Мањмуд бо ходими хосаи худ Масъуди Саъди Салмон ќасди ба тобеъияти Маликшоњи Салчуќї даромадан дорад. Њамчунин бо маќсади таќвият бахшидани айбномаи сиёсии шоир бархе аз ашъори шоирро, ки аслан ягон моњияти сиёсї ва ѓаразе нисбати Сулолаи Ѓазнави-

Хотиррасон бояд намуд, ки ин ќалъањо мисли дигар ќалъањои кишварњои асри миёнагї дар мавзеъњои дурдаст, баланду сангин, дар фарози дарањои вањмангез, дар болои кўњњо дар байни Ѓазна ва Њиндустон љой гирифта, шароити тоќатфарсои зиндониро чун ќалъаи азими Петропавловскии шањри Санкт-Петербург ва ќалъаи маъруфи Иф ва ѓайрањо доштанд. Бо назардошти давраи дури зиндагии шоир тартибу зист дар ин зиндонњо дањњо маротиба нисбати зиндонњои зикршудаи давраи нисбатан нави љомеъа вазнин ва дањшатон бояд буда бошад. Агарчанде ки ин зиндони Ќалъаи Дањак дар фарозњои кўњњои осмонбўс ва касногузар љой гирифта, роњи нињоят душворгузар доштааст, нисбати зиндонњое чун зиндонњои Су ва Ной барои шоир бењтар будааст, зеро дўстон ва эњтиромгузоронаш пайваста ўро бо либосу хўрок таъмин мекардаанд. Њасудї, душманї ва нотавонбинии раќибонашро бинед, ки чун аз њаёти нисбатан оромонаи шоир дар зиндони Ќалъаи Дањак дарак ёфтаанд, ба такудав афтида, ба шоњ Султон Иброњим дар бораи њаёти хуби шоир дар зиндони мазкур хабар додаанд.Бо фармони шоњ ба пойњои ин "мањбуси сиёсї" ишкел андохта, ўро ба зиндони боз њам тартиботаш сахттар, зиндони Ќалъаи Су интиќол додаанд. Инљо ќисмати

Шоир њангоми њабс дар зиндони тангу торики Ќалъаи Су бемории зиёде кашидааст, ки онро баъдан ёд оварда, нигоштааст: Лекин чи кунам, ки мондаам ин љо, Бемору заифу ољизу музтар. Аз љаври фалак саре пур аз андўњ, В-аз оташи ѓам диле пур аз ахтар. Шоир чи тавре,ки дар боло ќайд намудааст,7 соли умри худро дар зиндонњои ќалъањои Дањак ва Су пушти сар намуда, 3 соли дигар дар ќалъаи Ной ранљи мањбусї кашидааст. Ќалъаи Ной, ки дар ашъори шоир зиёд дучор меояд, яке аз ќалъањою зиндонњои машњури сиёсии давр ба шумор мерафтааст. Ин зиндон бо мавќеи љойгиршави, режими сахти назорати ва тарзи зист дањшатноктарин зиндони замони худ буда, дар он амалдорони баландпояву шоњзодагон, сипоњиёни гуноњи сахти сиёси содирнамударо зиндонї мекарданд. Бо ибораи дигар ин зиндон наќши њамон зиндони машњури Ќалъаи Петропавловскии замони Пётри Кабир ва ворисонашро, ки онљо ашхоси машњури сиёсї ва зиёию руњияи инќилобї доштаи рус зиндони мегаштанд, ба иљро мерасонидааст. Ќалъаи мазкур байни Ѓазна ва Ќандањор љой гирифта, харобањои он дар Ѓулкўњ, болои кўњњои осмонбўс ќарор дошта, асрњои баъдина аз тарафи одамон борњо мавриди тамошо ва назорат ќарор гирифтаанд. (давом дорад)

Агар ба таърихи чандинњазорсолаи адабиёту фарњанги ањли башар назар дўзем, хоњем дид, ки аз замонњои ќадим то ба рўзњои мо бисёре аз шоирон ва фарзонамардон як ќисмати умри азизи хешро дар зиндонњо сипарї кардаанд. Дар ин чархи таърихии зудгузар мо бо номњои шоирону олимони зиёде дучор мегардем, ки љабри зиндони тангу торикро кашидаанд. Сабаби зиндонї гардидани чунин мардони орифу закии замон гуногунанд: яке бо љурми сиёсї, дигаре бо љурми љиноят, саввумї бо аъмоли озодандешї ва њоказоњо. Дар бисёр њолатњо аз осори сарчашмањо ва навиштањои зиёди таърихї бармеояд, ки ин озодмардон, инсонњои тамаддунсоз аз њасудии ат-

рофиён, шукўњу шўњрат ва обрў, манзалату икромеро, ки дар дарбору давлат доштаанд, ба тўњмат гирифтор гашта, бе ягон сабаб равонаи зиндон гаштаанд, ки дар ин маќола аз њабсу ранљу азобе, ки дар зиндонњо фозилони Аврупову дигар минтаќањои љањон кашидаанд, мисол наоварда худдорї менамоем. Дар ин маќола мо танњо аз бузургтарин шоири зиндонии адабиёти форси, яке аз маъруфтарин шоирони порсизабон, ки бо абёти зиндонии худ шўњрати љањонї дорад Масъуди Саъди Салмон мехоњем ёдовар шавем. Бешак, номи ин шоири маъруфи адабиёти классикиамон ба њар як хонандаи тољик шинос аст. Сарнавишти ин шоири зиндонї пур аз нишебу фароз буда, ба ќавли навиштааи тазкира ва таърихномањо ќариб 20 соли умри азиз ва давраи нерўмандї ва шукуфоии њаёти худро дар зиндонњои гуногун паси сар намудааст. Дар бораи њаёту фаъолияти ин шоири зиндонї дар сарчашмањо ва тазкирањо, худи асарњои ў мадракњои фаровон оварда шудааст. Номи падари шоир Саъд ва

номи бобояш Салмон аст. Аљдоди шоир њама аз ањли адабу соњибкасб ва соњибмансабони давр будаанд. Онњо аз Њамадон буда, дар давраи њукмронии Султон Мањмуди Ѓазнавї (њукмронияш 988-1030) њамагї ба Ѓазна рафта, дар он љо зиндагї ва хизмат намудаанд. Баъди як ќисми Њиндустонро ба тасарруфи худ даровардани Султон Масъуди Ѓазнавї, падари шоир Саъд чун шахси донишманд ба дарбори Сулолаи Ѓазнавиён кашида мешавад. Саъд ибни Салмон дар Лоњур ба иљрои вазифаи хизмати давлатї мепардозад, ки он ваќт як љавони 20 солае беш набуд ва тибќи навиштањо дар ин дарбор муддати 60 соли дароз хизмат намудааст. Шоир Масъуди Саъди Салмон

Хотиррасон бояд намуд, ки ин ќалъањо мисли дигар ќалъањои кишварњои асри миёнагї дар мавзеъњои дурдаст, баланду сангин, дар фарози дарањои вањмангез, дар болои кўњњо дар байни Ѓазна ва Њиндустон љой гирифта, шароити тоќатфарсои зиндониро чун ќалъаи азими Петропавловскии шањри Санкт-Петербург ва ќалъаи маъруфи Иф ва ѓайрањо доштанд. Бо назардошти давраи дури зиндагии шоир тартибу зист дар ин зиндонњо дањњо маротиба нисбати зиндонњои зикршудаи давраи нисбатан нави љомеъа вазнин ва дањшатон бояд буда бошад.

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru


Варзиш дар рўзгор

Гуфтугўи хабарнигори "Рўзгор" бо Исмат Абдуллоеви 70сола, асосгузори гуштии самбо дар Тољикистон, ки њанўз њам аз пешаи интихоб намудаи худ дил наканда, боз њам барои рушди ин навъи варзиш пайваста зањмат мекашад. Исмат Абдуллоев аз оѓози фаъолияти худ то ба имрўз дар риштаи гуштии самбо љавонони зиёдеро тамрин додааст, ки шогирдонаш дар мусобиќањои сатњи љањониву осиёї њунару мањорати худро нишон дода, парчами Тољикистонро баланд бардоштаанд. Яке аз шогирдони эшон чемпиони љањон дар замони Шўравї шодравон-Саймуъмин Рањимов мебошад, ки љаноби Абдуллоев дар суњбат аз ќањрамонињои Саймуъмини пањлавон ќиса карда, пешрафтњои имрўзаи гуштии самборо ёдовар шуд ва роњи њали мушкилињои љойдоштаро дар ин риштаи варзиш ба миён гузошт.

www.ruzgor.tj

тамрин мекард, ки хеле љавон буд ва дар чандин мусобиќањо баромадњои хуб карда њунару мањорати хуб нишон дода буд. Хуршед дар Мусобиќаи ќањрамонии љањон љойи дуюмро гирифт. Дар њамон мусобиќа метавонист, ки ба мисли Саймуъмин Рањимов ќањрамони љањон шавад. Мутаасифона, доварон ѓайримунсифона доварї карданд.Баъдан Хуршед аз варзиш канор рафт ва ба тиљорат машѓул шуд ва бо њамин умедњои маро низ барбод дод. Хуршед Каримов њоло дар Дубай зиндагї мекунад. -Имрўз самбои Тољикистон дар кадом сатњ ќарор дорад?

№27 (027) 04 декабри соли 2013

13

"Љоми кушодаи таеквондо WTF"

Дар суњбати мураббии љањонпањлавон

САИДМУЪМИН РАЊИМОВ Ибодуллоњи Тоњир барои "Рўзгор" - Ташакур устод барои розигї додан ба ин суњбат. Нахуст мехостам бифањмам, ки алоќамандии худи Шумо бо варзиш аз кадом синну сол маншаъ мегирад? -Њанўз хурд будам, ки ба варзиш шавќу њаваси беандоза доштам. Албатта њар як варзишгари асил аз хурдї ба варзиш майл мекунад. Ман фикр мекунам нафаре, ки аз хурдї ба варзиш дил набандад, варзишгар шуда наметавонад. -Шуморо дар Тољикистон асосгузори гуштии самбо медонанд. Пас таърихчаи ба Тољикистон омадани ин навъи спортро Шумо бояд хуб донед? -Бо ин навъи спорт ман њангоми хизмат дар сафи нируњои мусаллањи собиќ Иттињоди Шўравї шинос шудам ва дил бастам. Ба Тољикистон ин навъи спорт њанўз наомада буд. Дуруст аст, ки поягузори ин навъи спорт дар Тољикистон мо будем. Ин кор баъди бозгашти мо аз хизмати аскарї сурат гирифт. Соли 1968 гуштии самборо ба Спартакиадаи мактаббачагони Иттињои Шўравї дохил карданд ва самбочиёни мо Ањтам Раљабов ва Нормуњаммад Нуров дар якумин мусобиќа љойњои намоёнро гирифтанд. Пас аз ин мусобиќа масъулони њамонваќтаи варзиш ба самбо шавќу њаваси зиёд пайдо карданд ва ин навъи варзишро њамчуни гуштии миллї пазируфтанд. Соли 1971 Спартакиадаи халќњои собиќ Иттињоди Шўравї баргузор гардид, ки дар он љо ман ва Ањтам Раљабов баромад кардем, ман љойи панљум ва Ањтамљон бошад љойи шашумро соњиб шудем. Њамин тариќ самбочиёни тољик дар чандин мусобиќањо ширкат карданд ва оњиста - оњиста гуштии самбо дар Тољикистон маъруф шуд. Љавонони зиёде ба ин навъи варзиш машѓул шуданд, ки аксарияти онњо имрўз худ устод гардидаанду љавонони зиёдеро ба тамрин фаро гирифтаанд. -Шуморо устоди шодравон Саймуъмин Рањимов меноманд. Дар ин бора чанд сухан мегуфтед? -Бо шодравон Саймуъмин Рањимов ман соли 1972 дар шањри Томски Сибир вохўрдам. Он рўз Саймуъмин њамроњи Герасимов ва Борис Аргунов барои ширкат дар як мусобиќаи гуштии тарзи озод ба Якутия мерафтанд. Њамон љо ман аз Саймуъмин даъват кардам, ки дар гуштии самбо тамрин кунад ва ў розї шуд. Баъди аз сафар баргаштан аввал ба љамъияти ихтиёрии "Њосилот" ва баъдан ба "Ди-

намо" дохил шуд. Дар ин миён Саймуъмин дар чанд мусобиќа хуб баромад кард. Мухлисони зиёде пайдо кард. Аз ин ба баъд Саймуъмин навъи самборо барои худ бењтар њисобида тамринро дар ин навъи спорт бо шавќ идома медод. Соли 1973 дар шањри Майкоп мусобиќаи Шўравї баргузор гардид, ки дар ин мусобиќаи бонуфуз Саймуъмин аз дастаи якачини "Њосилот" баромад карда љойи якумро гирифт. Пас аз пирўзии Саймуъмин дар ин мусобиќа аксарият ѓалабаи ўро тасодуф унвон карда мегуфтанд, ки ў нохост пирўз шуд. Аммо дере нагузашта Саймуъмини пањлавон нишон дод, ки ѓалабањояш тасодуф набуда, балки ў пањлавони воќеї аст. Соли 1975 дар шањри Тифлиси Гурљистон Спартакиадаи халќњои СССР баргузор гардид. Дар он љо Саймуъмин ѓолиби Спартакиада шуда ба дастаи Иттињоди Шўравї шомил шуд. Тобистони соли 1975 дар шањри Минск Чемпионати љањон баргузор гардид, ки Саймуъмин Рањимов дар он љо чемпиони љањон шуд. -Аз Саймуъмин Рањимов чї хотирањои нек доред? -Шодравон бисёр инсони хоксору заминї, самимї ва зиёд марди ватандўст буданд, ки воќеан њам ватандўстї ба ў зеб дошт. Саймуъмин доимо мегуфт: "ваќте ман ба майдон мебароям тамоми нерўямро сарф мекунам, зеро ваќте парчамњоро баланд мебардоранд, парчами Тољикистонро аз њама боло дидан мехоњам." Ў воќеан њам љавони бонанг буд, ватанашро сидќан дўст медошт. -Замоне, ки Саймуъмин чемпиони љањон шуд, оё ягон нафари дигар низ буд, ки шояд бо як кам талош метавонист ба мартабаи Саймуъмин бирасад? -Бале, аммо сад афсўс! Пас аз 7-соли ќањрамонии Саймуъмин дар назди ман Хуршед Каримов

-Дар шароити кунунї вазъи самбои Тољикистон дар њолати начандон бад ќарор дорад. Имрўз њам љавонони зиёде њастанд, ки ба самбо њаваси беандоза доранд. Ман гуфта наметавонам, ки боз кадоме аз шогирдонам ќањрамони љањон шуда метавонад аммо умед дорам, ки аз миёни онњо як нафаре пайдо мешавад, ки чемпиони љањон хоњад шуд. -Ба назари Шумо барои обу тоб ёфтани варзишгарони гуштии самбо чї кореро бояд ба анљом расонид? -Дар даврони шўравї 5-6 љамъият амал мекард, ки миёни онњомусобиќањои зиёд ташкил карда мешуд. Миёни љавонон ва калонсолон низ мусобиќањо ташкил карда мешуд, ки ин мусобиќањо ба варзишгар имконият медод, ки худашро санљад. Имрўзњо низ њамин гуна мусобиќањо гузаронида мешаванд. Вале мутаасифона, дар он сатње, ки пеш гузаронида мешуд, дар он сатњ баргузор намешаванд. Имрўз аксарияти федератсияњо ба ном њастанд дар асл коре аз дасташон намеояд. Њамин аст, ки аксар мураббињо њаракат мекунанд, ки шогирдонашонро худашон омода карда ба мусобиќа бифиристанд. Солњои пеш ин хел набуд. Он замон Кумитаи варзиш ба ин корњо бисёр ањамияти калон медод. Имрўз варзишгар бисёр шудаасту мутаассифона, мураббие нест, ки бо варзишгар љиддї кор кунад. Мо бояд ин камбудињоро бартараф кунем, то ки варзишгарони асилро пайдо карда тавонем. -Ба варзишгарон чї таманно доред? -Ба њамаи варзишгарон гуфтаниям, ки дар мусобиќањо, ваќте ба майдон мебароянд, барои љойњои намоён мубориза баранд, вале берун аз майдон бо њам душманї наварзанд. Варзиш ин рамзи дўстї аст ва варзишгарон бояд њамеша дўст ва бо њам тифоќ бошанд! -Ташаккур барои суњбат.

ruzgor@hotmail.com

Бахшида ба 21-солагии робитањои дипломатї байни Куриёи Шимолї ва Љумњурии Тољикистон аз 30-юми ноябр то 3юми декабри соли равон дар Маљмааи варзишии Кумитаи андози Тољикистон "Љоми кушодаи таеквондо WTF" баргузор гардид.

Дар расми кушодашавии мусобиќоти мазкур шоми 30-юми ноябр љаноби Ён Љеонг-Ку, сафири Љумњурии Кореяи Љанубї дар Љумњурии Тољикистон, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи љавонон варзиш ва сайёњии Тољикистон ва доварону дўстдорони ин навъи варзиш ширкат доштанд. Дар рўзи кушодашавии мусобиќа дастањои таеквондочиёни Русия, Љумњурии Исломии Афѓонистон, Љумњурии Исломии Эрон ва аз Тољикистон дастањои (Душанбе, ВМКБ, Суѓд, Хатлон-1 Хатлон-2, Локомотив, Асоссиятсияи таеквондо ва ноњияњои тобеи марказ) ширкат доштанд. Дар мусобиќаи мазкур аз рўи муњорибаи анъанавї дар вазни аз 80 кило боло Ислом Фозилов аз дастаи "Локоматив", љойи аввал, Алишер Ањмадов аз дастаи "Душанбе" маќоми дуюм, Тоњир Миров аз дастаи "Хатлон-1" ва Суњроб Ќаландаров аз дастаи "Хатлон-2" зинаи сеюмро касб карданд. Дар вазни то 80 кило бошад Назир Боќиев аз дастаи "Душанбе" маќоми аввалро соњиб шуд ва Рашид Ибрагимов аз Русия љойи дуюмро касб кард. Љойњои сеюмро Илњом Исломов аз дастаи "Суѓд" ва Ахмед Одилбеков аз Русия ишѓол карданд. Дар вазни 68 кило Бањодур Амонов аз дастаи "Душанбе" љойњои аввалро соњиб шуд. Зафар Азизбеков аз дастаи ВМКБ зинаи дуюмро касб кард, Аъзам Узбеков аз дастаи "Суѓд" ва Шамсиддин Шарипов аз дастаи "Хатлон-1" љойњои дуюмро соњиб шуданд. Дар бораи ѓолибони дигари ин мусобиќа дар шумораи оянда иттилоъ хоњем дод. Таеквондо намуди олимпї буда, дар Тољикистон соли 1997 ба ин тараф роиљ аст. Соли 2012 таеквондочиёни тољик- Алишер Гулов ва Фарњод Неъматов дар бозињои олимпии Лондон-2012 ширкат карданд.

Бењтаринњои футболи Тољикистон дар моњи ноябр муайян шуданд

Федератсияи футболи Тољикистон (ФФТ) бењтаринњои футболи Тоыикистонро дар моњи ноябр эълон кард. Њасан Рустамов, њимоятгари тими "Равшан"-и Кўлоб, бењтарин футболбоз, Рустам Хољаев, сармураббии тими "Хайр"-и шањри Вањдат бењтарин мураббї ва Равшан Эшматов, довар аз шањри Ќўрѓонтеппа, бењтарин довар дар моњи ноябр эътироф шуданд. Ба њар кадом љоизаи ФФТ ба маблаѓи 500 сомонї супурда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар моњи май футболбоз Виллер Оуза Оливер, мураббї Никола Кавазовиљ, довар Равшан Ишматов, дар моњи июн футболбоз Давид Мауто, мураббї Тоњир Мўминов, довар Диловаршоњ Орзуев, дар моњи август футболбоз Њусайн Суњробї, мураббї Олег Ширинбеков, довар Рањмон Муртазоев, дар моњи сентябр футболбоз Саломон Течи, мураббї Салоњиддин Гафуров, довар Рањмон Муртазоев, дар моњи октябр футболбоз Љањонгир Эргашев, мураббї Мубин Эргашев ва довар Равшан Ишматов аз љумлаи бењтаринњо дониста шуданд.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


14

Шеъри рўзгори мо

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

Ш

АРМУЃОНИ

«ЊАМЕШАБАЊОР» ИЛТИЉОИ ХОНУМ МАРЯМ Хонум Марям дар ин мањфил њамроњи раиси ширкати "Муллозода-гурўњ", шањрванди Афѓонистон - Њољї Исмоил Муллозод иштирок кард. Њољї Исмоили Муллозод молики 15 ширкат аст. Бо вуљуди пуркорї ваќт ёфта, дар мањфили мо иштирок кард ва аз мањфил лањзањоеро низ аксбардорї намуд. Гуфт, ки имкон дорам боз дар 5-6 мањфил иштирок намуда, минбаъд бо ин мањфили дар њаќиќат њамешабањор њамкорї намоям. Хонум Марям бошад, илтиљо кард, ки мањфили ояндаро рўзи чањоршанбе баргузор намоем. Зеро ман, гуфт хонум Марям, рўзи панљшанбе соати ду ба Эрон парвоз мекунам. Боз Худо медонад кай дидор мебинем. Мањфили "Њамешабањор" ба хонум Марям роњи сафед орзу мекунад ва ёдаш дар хотири мањфил њамешасабз мемонад. ХАЙРАНДЕШ Гулбибї БОЌИЕВА, омўзгори мактаби №58-и н. Рўдакї

Марями Замондони СИМБО, Эрон, Машњад АВЉ Чї њоле дорад он боло, заминро зери пар дидан. Паранда будану худро рањо аз шўру шар дидан. Чї њоле дорад он боло, миёни фављи лак-лакњо, Ту бошию туву худро рањо аз болу пар дидан. Аз он боло, њазорон марду занро одамак чўбї, Њазорон хонаро кибридњои бехатар дидан. Чї њоле дорад он боло, ба дур аз њар чи бодо бод, Даранги хешро аз ранљи дунё бехабар дидан. Дилам гир асту дилгирам, дилам хун асту дилхунам, Аз ин як умр худро беќарори як сафар дидан. "Бад-он парвона мемонам, ки уфтад дар чароѓоне", Сарам гарм асту саргармам ба ин дар шуъла гардидан.

ТОЉИК Оне зи шароби маърифат љом гирифт, Бо дасти пиёлагири Хайём гирифт. Ќалбаш зи чароѓи маънавї равшан шуд, Фирдавсию Шамсу Мавлавї ном гирифт.

Бобораљаби ФАТЊИДДИН, донишљўи бахши аввали ДМТ ДУБАЙТИЊО Зи ашки дидаат боѓу чаман сўхт, Зи дарди синаат шеъру сухан сўхт. Агар Лоиќ бимурд аз дарди миллат, Барояш сарбасар халќу Ватан сўхт *** Насими субњи содиќ мерасад боз, Наво бар сози ошиќ мерасад боз. Ба мо бўйи муњаббатњои ширин Зи њар як шеъри Лоиќ мерасад боз.

Фариддуни ЊАМЗААЛЇ ТАНЗ

Шукрона ФОЗИЛЗОДА, донишљўи курси 1-и омўзишгоњи тиббии ш. Душанбе ДИЛРЕЗА Дар ќалб маро ѓам асту дар љон алам аст, Сўзи дили ман ба мисли шамъу ќалам аст. Эй вой, чї сўзише бувад дар баданам, Чашмони хуморам зи алам пур зи ѓам аст. *** Сарбаста дилам талаб зи љоме дорад, Пайваста ба гулбарг паёме дорад. Ќалбам ба касе ошиќи зор аст мудом, Аммо сари ман чї фикри хоме дорад. *** Дар олам одамї мењмон ду-се рўз, Ба тан мењмони одам љон ду-се рўз. Надонад лек ќадраш то ба маргаш, Ки мисли дастагул гардон ду се рўз.

Холи ОДИНА, н. Рўдакї ПОРА-ПОРА Чашмак задиву дубора бурдї дили ман, Пинњониву ошкора бурдї дили ман. Бо нозу карашма, дилбари хатлонї, Якбора на, пора-пора бурдї дили ман.

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

Бањри ёри нохалаф, Умри худ кардум талаф. Акнун бинед рафиќон, Ба рўи ќабрам алаф. *** Бо ту рози дил кадум, Аз паша ма фил кадум. Замини дилта додї, Сраза манзил кадум. *** Бинимона кардем љинљ, Нашуд ошмон бе бринљ. Безира, равѓану гушт Намеша ошаки тинљ. ***

Олињаи МУЊАББАТ, хонандаи синфи 10-и мактаби тањсилоти миёнаи умумии №29-и шањри Душанбе АРЗИ ЧАРОЃИ ХОНА Эй чароѓи хурдакак, лозим набошї ту ба рўз, Гар зарур ояд, ба шаб њангоми зулмат барфурўз. Гуфт бар ман: равшанибахшї ба њар кошонаам, Зеби њар як њуљраву зеби тамоми хонаам. Бовафої ман надорам њељ одамњо барин, Мирам, ар барќат бимирад, кори ман бошад њамин. Хурдакак бошам, вале овозадорам дар љањон, Ихтирои одамам, нур оварам бар хонадон. Ќандилони њуљрањоят бо зиёям пурљило, Равшанї бахшам ба ќалбу њам ба њусну дидањо. Гар маѓоза омадї, бо кисаи пулдор бош, Сўхтагиямро нагиру доимо њушёр бош.

ruzgor@mail.ru

Сари дилум мехора, Ёри навум мефора. Ёри нав пайдо кардум, Ахлоќи хуб надора. *** Ин диле, ки ма дорум, Гар дар тани ту боша. Бо ѓаму гудози худ Љигарта мехуроша. *** Рузе маро гуронанд, Наё сари мазорам. Бўи туро њис кунам, Аз лањат сар барорам.


Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

15

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Султони Њамад, «Рўзгор» АЊМАД ЗОЊИР ВА ТАРОНАСОЗ Бояд гуфт, ки сабти студиявии суруди "Мара, мара, мара, мара май бидењ" (албоми "Шабњои зулмонї") њамагї се даќиќаву 12 сония давомнокї дорад. Дар ин муддат Ањмад Зоњир аз он матне, ки дар боло овардем, танњо ду банди аввалро хондааст. Пас банди саввуми суруд: Ай соќии таннозам,

Ай мўнису дамсозам, Ишќи ту бошад њамеш, Њам созу њам овозам-ро дар кадом вариант хондааст? Мавриди зикр аст бигўем, ки дар њамин лањзањое, ки ин сатрњо навишта мешаванд, дар ихтиёри мо боз чањор намуди дигари њамин суруд мављуд аст. Намуд ва ё худ варианти дигари њамин суруд, ки дар ваќти хондани он Ањмад Зоњир ин мисраъњоро сурудааст, шояд њамон давраи сабти албоми "Шабњои зулмонї" дар студияи "Афѓонмузик", яъне соли 1974 сабт шудаааст. Вале ин варианти суруд дар дигар студия, дар студияи 48-уми радиои Кобул сабт гардидааст. Хонандаи азизи мо акнун хуб медонад, ки Ањмад Зоњир бархе аз сурудњояшро бо њадафњои гуногун бо таѓйироту иловањо њам дар мусиќї ва њам дар матн дар сту-

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР дияњои мухталиф сабт кардааст. Азљумла дар студияи 48-уми радиои Кобул њашт албоми худро сабт кардааст, вале аз ин њашт албом њамагї панљ албомро ба бозор баровардааст. Инро ба ман њини суњбат таќрибан 10 сол пеш дар Кобул яке аз донандагони хуби эљодиёти Ањмад Зоњир, дўкондори албомњои овозхонњои маъруфи афѓонї Наќибуллоњ гуфта буд. Наќибуллоњ њамон ваќт дар посух ба саволи ман чаро њамаи њашт албом ба бозор бароварда нашуд, гуфта буд, ки аз рўи шунидаш Ањмад Зоњир шахсан аз њамон њашт албом ба назари худаш бењтарин сурудњоро људо карда гулчин намуда панљ албом тартиб додаасту гуфтааст, ки боќимондаи сурудњоро аз байн баранд, зеро ба фикри ў кайфияти хуб надоштаанд. Вале дастандаркорони студия бо вуљуди сохтани панљ албоми нав аз њисоби он њашт албом, асли сабтро низ аз байн набурдаанд. Ин њашт албомро баъдан Наќибуллоњ аз дўстонаш, ки дар радиои Кобул кор мекардааст, ба даст овардааст. Ва Наќибуллоњ он ваќт бо як лутфи зиёд нусхаи он њашт албомро ба ман дода буд. Варианти дигари ин суруд, ки дар борааш сухан рафта истодааст, дар яке аз њамин њашт албом омадааст. Тафовути ин вариант аз варианти дар студияи "Афѓонмузик" сабшуда на танњо дар њамин дигаргунии як ќисми матн аст, балки дар истифода аз созњои мусиќї ва тарзи иљроиши оњанг низ ба назар мерасад. Масалан њарчанд дар њарду вариант аз созњои трумпет, саксафон ва дром (наѓора) истифода бурда шуда бошад њам, вале дар варианти Афѓонмузик мо садои синтезаторро низ мешунавем. Дар варианти радио бошад њангоми навохтани мусиќї аккардеон истифода шудааст. Давомнокии ин варианти суруд 3 даќиќаву 26 сония њаст. Акнун мегузарем ба вариантњои мањфилии ин тарона. Барои мо алоќамандони тољикистонии садои Ањмад Зоњир бояд хеле љолиб бошад, ки ин сурудро Ањмад Зоњир дар мањфили хоса, ки дар минтаќаи Љангалаки шањри Кобул дар хонаи яке аз мутахассисони дар он ваќт Иттињоди Шўравї устод Шањбоз Кабиров, ки ба њайси тарљумон дар Афѓонистон ифои вазифа мекарданд, якљо бо овозхони дар њамон ваќт хеле машњур ва имрўз олими хеле маъруфи тољик устод Љўрабек Назриев дар баробари сурудњои дигараш дуэт хондааст. Ин мањфилро њамон ваќт, яъне 12-уми феврали соли 1976, дар кассетае сабт карда буданд ва ин нусхаи ин кассетаро устод Љўрабек Назриев таќрибан 10 сол пеш лутфан дар ихтиёри

мо гузошта буданд. Ин варианти сурудро Ањмад Зоњир ва Љўрабек Назриев танњо бо як синтезатор ва шояд боз як асбобе, ки вазифаи табларо иљро мекард, хондаанд. Дар аввали суруд Ањмад Зоњир ва Љўрабек Назриев якбайтї шањдрез мехонанд. Ањмад Зоњир: Зи њодисоти љањонам њамин хуш омаду бас, Ки зишту хубу бади рўзгор даргузар аст. Љўрабек Назриев: Хамида пушт аз он доранд пирони љањондидида, Ки андар хок мељўянд айёми љавониро.

Сипас матни сурудро ба мисли варианти дар студияи "Афѓонмузик" сабтшуда мехонанд. Давомнокии суруд се даќиќаву 26 сония њаст. Варианти дигари мањфилии ин сурудро ба наздикї ман аз дустони фейсбукиям Шарифљон ва Убайдуллоњ (ин номњои аслияшон њаст), ки дар шањри бостонии Хуљанд зиндагонї мекунанд, гирифтам. Матни таронаро Ањмад Зоњир дар ин вариант ба мисли варианти дар студияи "Афѓонмузик" сабтшуда мехонад. Бо шањдрез шурўъ мекунад, наќаротро мехонад ва сипас ду банди аввали таронаро месарояд. Суруд бо њармония ва табла хонда мешавад ва ду даќиќаву 22 сония тўл дорад. Ду сухан дар бораи Шарифљон ва Убайдуллоњ. Шарифљон беш аз чил сол аст, ки ба љамъоварии осори Ањмад Зоњир машѓул аст ва эљодиёти ўро хеле мўшикофона медонад. Дар бораи њар як сурудаш соатњо метавонад суњбат кунад. Убайдуллоњљон бошад бо вуљуди љавон буданаш (њоло донишљў њаст) доир ба ањвол ва осори Ањмад Зоњир маводи зиёде љамъ кардааст ва онњоро дар сањифаи махсуси дар сайти "Одноклассники" кушодааш гузоштааст. Њоло ба хотири аз мавзуъ дур нарафтан зикри хайри ин ду алоќаманди сарсахти садои Ањмад Зоњирро ба ваќти дигар гузошта, меравем ба суроѓи варианти дигари суруди "Мара, мара, мара, мара май бидењ". Хонандаи азиз фаромўш накунед, ки мо дар силсилаи "Ањмад Зоњир ва сад шоир" мавзўи "Ањмад Зоњир ва Шоњвалї Валии Таронасоз"-ро пайгирї карда истодаем. Ва акнун мерасем сари варианти дигари ин суруд, ки мављудияти он боиси шаку тардидњо дар моли устод Таронасоз будани матни ин суруд гардидааст. Ин варианте њаст, ки дар он ин сурудро дар як мањфил Ањмад Зоњир бо як оњангсоз ва овозхони дигар машњури Афѓонистон устод Фазлањмади Найнавоз хондааст. Ба маврид аст бигўям, ки нахустин бор ман ин варианти сурудро

њанўз 10 сол пеш аз кассетањое шунида будам, ки аз њамон Наќибуллоњи дўкондор гирифта будам. Наќибуллоњ њамон ваќт ба ѓайр аз он њашт кассетаи сабтњои родиёии Ањмад Зоњир боз шаш кассетаи мањфилии бо устод Найнавоз хондаи ўро ба банда дода буд. Дар яке аз он кассетањо њамин варианти бо Найнавоз хондаи суруди "Мара, мара, мара, мара май бидењ" буд. Шояд тўлонитарин таронаи хондаи Ањмад Зоњир њамин варианти таронаи "Мара, мара, мара, мара май бидењ" бошад, зеро он 17 даќиќаву 35 сония давомнокї дорад. Бо Фазлањмади Найнавоз хонда шудани ин суруд назареро ба вуљуд овардааст, ки матн ва оњанги ин суруд моли худи Найнавоз аст. Дар ин бора наздикони Найнавоз, азљумла писараш Хусрав ва домодаш Эњсон Амон, овозхони машњури афѓон ва як иддаъ аз мухлисони Найнавоз ибрози аќида кардаанд. Аммо Фирўза Таронасоз, духтари устод Шоњвалї Валии Таронасоз бо такя ба муќоваи албоме, ки њанўз соли 1974 ба нашр расидааст ва дар он ба моли Таронсоз будани матну оњанги ин суруд сарењан ишора шудааст, иброз доштааст, ки матну оњанги ин тарона моли падари ў мебошад. Ва худ як видеоклипи ин таронаро бо истифода аз аксњои ќиблагоњаш сохта дар сайти "Ютуб" гузоштааст. Наздикони устод Найнавоз низ њамин корро кардаанд. Яъне онњо низ видеоклипе сохтаанд ва дар он навиштаанд, ки матн ва оњанги суруд моли устод Найнавоз аст ва дар "Ютуб" гузоштаанд. Пас чаро дар ин бањс мо љониби устод Шоњвалї Валии Таронасозро гирифтем? Нависандаи ин сатрњо ин корро ба он хотир кардааст, ки ба љуз аз гуфтањо ва навиштањои духтари Таронасоз боз далелњои дигаре низ мављуданд, ки дурустии назари моли Таронасоз будани ин таронаро собит месозанд. Масалан Ањмад Мунир Куњсорї, пажуњишгари мусиќии муосири афѓон низ ба ин назар аст, ки матн ва оњанги ин тарона моли устод Таронасоз аст. Ба љуз ин гуфтањо банда далели дигар дорам. Дар як мањфиле устод Найнавоз, устод Таронасоз ва устод Њошим, ки дар баробари табланавози бењамто будан оњангсоз низ буд, суруди машњури устод Таронасоз "Ма ќурбони сару пои ту мешам модари ман"-ро якљо хондаанд. Яъне дар таљриба мушоњида мешавад, ки як оњангсоз дар мањфилњо таронаи оњангсози дигарро мехонад. Бинобар ин фикр мекунам дар њамон мањфиле, ки дар хонаи устод Найнавоз баргузор гардидааст Ањмад Зоњир ва устод Найнавоз таронаеро хондаанд, ки матну оњанги

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

он моли устод Таронасоз аст. Хуб, акнун дар бораи он ки ин таронаро дар зарфи беш аз њафтдањ даќиќа чї гуна хондаанд, њарф мезанем. Аљоиб он аст, ки дар ин муддати тўлонї ба ѓайр аз наќарот баъди хондани шањдрезњои зиёд такрор ба такрор њамон банди аввали сурудро хондаанд. Яъне танњо як бандро хондаанд. Вале њамзамон дар љойњои гуногуни тарона аз љумла чунин шањдрезњоро бар матни шоирони дигар сурудаанд: Найнавоз: Афсўс, ки ѓам чењраи мо коњї кард, Фарёд, ки рўзи умр кутоњї кард. Моро ѓами беиноятињои ту кушт, Ваќт аст, агар инояте хоњї кард. Ахмад Зоњир: Ањд кардам ки дигар май нахўрам дар њама умр, Ба љуз аз имшабу фардо шабу шабњои дигар. Ман нестам чун дигарон бозичаи бозигарон, Аввал ба дом орам туро он гањ гирифторат шавам. Лањзае, ки њини хондани ин варианти тарона барои мо хеле љолиб намуд, ин буд, ки устод Найнавоз дар ваќти хондани суруд Ањмад Зоњирро ташвиќ мекунад, ки мисли ў формулаи рокњои њиндиро бихонад: "Папа да па ма гаре та". Дар аввал Ањмад Зоњир бо ханда мегўяд, ки "Инаша ёд надорум" ва аз хондани он иљтиноб меварзад. Воќеан чун суруд хеле тўлонї буд Ањмад Зоњир баъдан ду маротиба кўшиш мекунад, ки сурудро хотима бахшад. Бори аввал мепурсад: "Бас нест?". Найнавоз мегўяд: "Не, бас нест!". Баъди чанд лањзае боз Ањмад Зоњир мехоњад сурудхониро бас кунад ва мегўяд: "Бас аст!". Найнавоз мегўяд: "Не, чї бас аст? Њељ чизе дар дунё бас надорад!". Ва даъват мекунад, ки њамон формулаи роки њиндиро аз паси ў такрор кунад. Билохира Ањмад Зоњир ночор чанд маротиба он формуларо баъди устод Найнавоз такрор мекунад: "Папа да па ма гаре та". Ин нуктаро мо ба он хотир муфассалтар овардем, ки бархе аз муњаќќиќин дар ин назар њастанд, ки Ањмад Зоњир пеши касе зонуи шогирдї назадааст, аз касе сабаќи мусиќї нагирифтааст ва аз мусиќии классикии њиндї хабар њам надоштааст. Вале љараёни якљо сурудхонии ў бо устод Найнавоз, махсусан дар њамин тарона, ин даъвоњоро тањти шубња ќарор медињад. (давом дорад)

www.ruzgor.tj


16

Таљрибаи рўзгор

www.ruzgor.tj

№27 (027) 04 декабри соли 2013

ИРТИБОТИ КИТОБДОРЇ БО 21 КИШВАРИ ЉАЊОН

бораи Иван Грозний хонда будам. Дар он ишорае буд, ки гўё шоњи бузурги рус бо дастони худ писарашро кушта будааст. Албатта, дар маќола танњо њамин ишораро хондам, вале сабабшро наёфтам. Мехостам агар донед, ба њамин савол посух дињед. Ин гуна њодиса будааст ва ё бофтаи мардум аст? Неъмати Сабурзода, Хуљанд

Шояд моње пеш буд, ки хабари ифтитоњи гўша ё утоќи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллї интишор ёфта буд. Мехостам донам, ки дар ин китобхона боз аз кадом ташкилоту давлатњо утоќњо ё гўшањои китоб мављуданд. Ва њамзамон агар дар мавриди иртиботњои байналмилалии китобхона маълумот медодед, хуш мешудам. Одинабек Саломатов, донишљў аз Кўлоб Ба саволи хонанда Љонишини Директори Китобхонаи миллии Тољикистон Шариф Комилзода посух дод. Яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тољикистон њамкорињои байналмилалї мебошад. Китобхона бо китобхонањои миллии Љумњурии Исломии Эрон, Русия, Туркия, Чин, Љумњурии Мисри Араб, љумњурињои Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Озарбойљон ќарордодњои њамкорї ба имзо расонид. Дар Китобхона гўшаву марказњо ва толорњои иттилоотїфарњангии давлатњои хориљї ва созмонњои байналмилалї: Иёлоти Муттањидаи Амрико, Љумњурии Федероли Олмон, Љумњурии Исломии Эрон, Љумњурии Мардумии Чин, Шоњигарии Арабистони Саъудї ва ЮНЕСКО таъсис ёфтанд. Дар толорњои иттилоотї-фарњангии гўшаву марказњо хонандагон дар радифи истифодаи манбањои чопї њамзамон ба манобеи электронии китобхонањои давлатњои фавќузикр дастрасї доранд. Китобхонаи миллии Тољикистон тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонањои мухталифи мамолики хориљ, њамкорї менамояд. Алъон бо 23 китобхонаи 21 давлати љањон, аз љумла бо китобхонањои бузурги ИМА (Китобхонаи Конгресс ва Китобхонаи Донишгоњи Калифорния), Британияи Кабир (Китобхонаи Донишгоњи Оксфорд), Олмон (Љамъияти илмї, Китобхонаи давлатї ва Китобхонаи Донишгоњи Гумболд), Фаронса (Китобхонаи миллї), Лањистон (Китобхонаи халќї), Маљористон (Китобхонаи миллї, Китобхонаи Академияи илмњо), Булѓористон (Китобхонаи миллї), Славакия (Китобхонаи миллї), Эрон (Китобхонаи миллї, Китобхонаи илмї-техникї), Љопон (Китобхонаи миллї, Китобхонаи Донишгоњи Тахо-Хоккайдо), Ветнам (Китобхонаи миллї), Чин (Хонаи илмї), Туркия (Китобхонаи миллї), Њиндустон (Китобхонаи миллї) додугирифт дорад. Њамзамон, њамкорињо дар ин самт бо китобхонањои давлатњои узви ИДМ: Китобхонањои давлатї ва миллии Русия, китобхонањои миллии Озарбойљон, Арманистон, Белорус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Ўзбакистон ба роњ монда шудааст. Аз сўи дигар ба шарофати мубодилаи байналмилалии китоб, харидорї намудани адабиёте, ки хонанда ба он ниёз дорад ва ба њайси тўњфа пешнињод шудани китобњо аз љониби шахсони воќеиву њуќуќї фонди Шўъбаи адабиёти хориљии Китобхона пайваста такмил меёбад. Имрўз дар фонди Шўъбаи мазкур 87091 нусха китоб ва нашрияњои даврї бо 42 забони халќњои љањон њифзу нигоњдорї шуда, мавриди омўзишу тарѓиб ќарор мегиранд. Аз љумла, 33466 нусха ба забони англисї, 17182 нусха - ба забони олмонї, 6512 нусха - ба забони фаронсавї ва 29931 нусха - бо дигар забонњо мављуданд.

САВГАНДИ ПРЕЗИДЕНТЇ АЗ АМРИКО ТО МО Дар шумораи гузаштаи "Рўзгор" дар бораи таърихи савганд-ёдкунии сарварони кишварњо посух љолибе ба як пурсиши www.ruzgor.tj

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ ЉАМЪИЯТИИ «РЎЗГОР»

www.ruzgor.tj

Дар њаќиќат таърихи давлатдории рус ин гуна як рўйдоди мудњишро, ки шоњ писари худро ба њалокат расондааст, зикр мекунад. Танњо таърихи даќиќи ин рўйдодро касе намедонад. Муаррихон дар санаи њодиса ихтилоф доранд. Иддае онро ба 3 июли соли 1583 нисбат медињанд, вале гурўњи дигар мегўянд, ки он моњи ноябри соли 1582 рух додааст. Аммо ба њар сурат касе инкор намекунад, ки Иван Грозний-шоњанњшоњи машњури асри XVI-и рус аз сари

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "РЎЗГОР" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои

907-91-59-34, 934-26-00-43 МЕТАВОНЕД ИРСОЛ КУНЕД.

хонанда интишор ёфт. Мехостам донам, ки матни ин савганд-номањо чї гуна омода мешаванд ва шеваи ќасамёдкунї дар мамолики мухталиф чї гуна аст. Мавзуна Содиќова, Душанбе Бале, савганди президентї анъанаи ќадимї дорад ва дар њар кишвар матни онро ќонун муайян мекунад. Ба дигар маънї, савганд матни ќаблан тасдиќшуда дорад ва њар сарвари нав интихобмешударо лозим меояд онро ќироат кунад, то сокинон итминон њосил кунанд, ки анияти онњо ва тамомияти арзии кишвар њифз мешавад. Муруре ба матни савганди сарварон дар як ќатор мамолик нишон дод, ки њама асосан кафолати риояи Конститутсияро медињанд. Њамаи онњо савганд ёд мекунанд, ки тамомияти арзии мамлакат ва озодињои шањрвандиро таъмин менамоянд. Масалан, матни савганди президенти ИМА соли 1789 навишта ва тасдиќ шуд ва аз њамон замон то ба имрўз аслан таѓйир наёфтааст. Аввалин касе, ки дар ИМА ќасам ёд кард ва инро ба расмият даровард, Љорљ Вашингтон буд. Ва матни савганди ў дар охири ќарни 17 ва савганди Обама дар аввали ќарни 21 њамон як аст: "Ман (исми президент) бо тантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи президенти Иёлоти Муттањидаро софдилона иљро мекунам ва барои њифзи Конститутсияи ИМА њар кореро, ки вобаста аз ман аст, иљро менамоям". Дар низоми коммунистии Иттињоди Шўравї, ки институти президентї вуљуд надошт, ягон Котиби КМ савганд ёд намекард. Аммо соли 1990 Михаил Горбачёв президенти ин кишвар интихоб шуд ва аввалин маротиба ў буд, ки ќасам ёд кард. Баъди ў Борис Елсин чун президенти Федератсияи Русияи Шўравї ва баъдан чун президенти Русия савганд ёд кард. Њатто Александр Рутской њам шаби табаддулоти давлатии 21 ба 22 сентябри соли 1993 дар "Ќасри Сафед" матни савганди президентро ёд намуд, вале баъд њокимияти худхон-

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

даи ў зуд суќут кард ва њокимият боз ба дасти Елсин гузашт. Дар Эрон, Покистон, Афѓонистон ва дар њар кишвари мусалмоннишин, ки низоми идории президентї доранд, сарваронашон ба Ќуръон ќасам ёд мекунанд. Дар Озарбойљон бошад, ахиран Илњом Алиев њам ба Конститутсия ва њам ба Ќуръон ќасам ёд кард. Дар Ќирѓизистон парламон савганд ба Ќуръонро иљозат надод, чун дар ин кишвар эњтимоляти ба ќудрат расидани атеист њам вуљуд дорад ва вакилон гуфтанд, ки дар он сурат чї бояд кунанд? Ин наќзи њуќуќ ва озодї мешавад. Дар миёни кишварњои аврупоии низомашон президентї танњо дар Фаронса савганд намехўранд.

ЧАРО ИВВАН ГРОЗНИЙ ПИСАРАШРО КУШТА БУД? Ростї ёд надорам, вале ду сол пеш дар љараёни мусофиратам ба Русия дар кадом нашрияи чопи Маскав маќолаеро дар

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД ***

ВЕРОСТОР: Љањонгири СУЛТОН

љањл бо асои дасташ ба сари писараш зад ва чун зарби чўб ба пешонии Иванка расида буд, љо ба љо њалок гардид. Муаррихон якчанд сабаби ин њодисаи мудњишро шарњ медињанд. Аввалан, онро сиёсї медонанд. Гуфта мешавад, ки шоњзода замоне чўб хўрд, ки ба амалиёти љангии Иван Гроозний изњори норозигї намуд. Аммо иддаи дигар бар ин назаранд, ки шањвати шоњ муљиби ќатли фарзандаш шудааст. Иван Грозний дўстдори занон буд ва ин аз касе пўшида нест. Гумон меравад вай ба зани писараш Елена, ки хеле љавон ва зебо њам буд, дастдарозї кардааст. Ва Елена инро ба ба шавњараш гуфтааст. Миёни падару писар сари ин бањс шудааст ва билохира кор ба љое расидааст, ки Иван зарби калтаки падарро хўрдаву фавтидааст. Ва баъди марги ў Елена калисонишин шудааст. Аќидаи дигар он аст, ки Иван Грозний аслан касе аз хонаводаи худро накуштааст, аз ин рў гуфта мешавд, ки писараш бо марги худ аз дунё гузаштааст. Вале овозаи марги иљбории ў замоне баланд шуд, ки шоњзода дар гуфтушунид бо Лањистон њозир нашуд.

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

ruzgor@mail.ru

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 *** Нашрия дар чопхонаи «Интишор» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.

Рузгор №27  
Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you