Issuu on Google+

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 16 (016), чоршанбе 18 сентябри соли 2013

ОЗАР: "НАСЛИ МАН НАСЛИ ГУМШУДА БО ЊАЗОРОН ОРМОН ДАР ДИЛ АСТ" Ин воќеаро бисёрињо мањкум карданд. Њамон рўзњо чашмам ба сурати як духтари фаластинї, ки дар рўзномањо чоп шуда буд, афтоду ўро бо номи Лайло мухотаби худ ќарор додам ва барояш гуфтам ончиро, ки бояд мегуфтам...

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

АРМУЃОНИ «ЊАМЕШАБАЊОР»

"ПАНЉ СЕНАРИЯ ДОРАМ. АММО КУ САРПАРАСТ?"

"Њамешабањор" номи мањфили адабии шоири шинохтаи кишвар Хайрандеш аст. Аъзои он њафтае як маротиба, гирдињам меоянду ашъори ба тозагї эљодкардаи хешро ба якдигар мехонанд ва аз њусну ќубњи онњо мегўянд. Њафтаномаи "Рўзгор" тасмим гирифтааст, ки намунаи ашъори ањли ин мањфилро пайваста таќдими хонандагони хеш намояд. сањ.14

сањ.5

Аммо пас аз оѓоз ва њатто пас аз анљом њам касе аз њоламон напурсид. Мо дигар чора надоштем ба љуз бо ќарз сохтани филм. Намехостем дар нимароњ корро гузорем… Чи рўзњоро надидем, бењтараш шумо напурседу ман нагўям...

сањ.12

Интихобот-2013

КЎЛОБ БЕ МАЊТОБ МОНД

ЗАН ЊАМ МЕТАВОНАД ЯК ДАВЛАТРО ИДОРА КУНАД?

сањ.4

Дар давлатдории Тољикистон ин бори аввал аст, ки зан номзадии худро дар интихобот ба маќоми президентї мегузорад. Аммо аз чї бошад, ки иддае аз мардуми кишвар аз шунидани ин хабар чандон хушњол нестанд. То љое дар рафти суњбат бо сокинон маълум гашт номзадии занро менталилети тољикона ќабул надорад. Зеро тибќи тањлилњо дар кишвари мо зан нисбати мард заъифтар муаррифї шудаасту ў наметавонад давлатеро идора кунад.

Аз рўзгори њамсояњо

БОЗГАШТИ ТОЛИБОН ВА САРНАВИШТИ НОМУАЙЯНИ МИНТАЌА Аммо дида мешавад, ки дар пасманзараи хуруљи нерўњои ба истилоњ эътилофи зиддитеррористї аз Афѓонистон марњилаи дигари бесуботгардони вазъи амниятї дар минтаќа шурўъ мешавад. Ба дигар маънї хуруљ аз Афѓонистон њоло ба он маъно нест, ки ба минтаќа суботи сиёсиву амниятї њоким гардад. Акнун бо нигаронї кишварњои минтаќаро лозим меояд, ки худро ба як ноамнии эњтимолї омода созанд.

сањ. 6

Мољарои рўзгор

CЕЊРУ ЉОДУ-АМАЛИ ШАЙТОНЇ

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД w wШОИР w.ruzgor.tj

сањ.15

сањ.7

сањ. 11

ОДАМОНИ ХУБРО БОЯД ТОЉИКИСТОН ВА СИТОИШ КАРД АЊМАДШОЊИ МАСЪУД ruzgor@hotmail.com info@ruzgor.tj сањ.3

РЕЗААХБОРИ ОЛАМ ВА КИШВАР

сањ.2

сањ.8-9

Маќсади фолбинон ва љодугарон низ њамин аст, яъне дар тарсу бим андохтани бемор ва наздикони вай, ту низ њамчун хеши он бемор дар амали нашоистаи њаром афтодаї. Худованди Мутаъол дар ин маврид дар каломи ќудсии худ барњаќ мефармояд: "Он шайтон аст, ки дар дили дўстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онњо матарсед, аз Ман битарсед...


2

Пайкараи Спитамен дар ноњияи њамномаш пардакушої шуд

Рассоми тољик дар фестивали байналмилалии Алљазоир ширкат мекунад

В П

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

АЗОРАТИ фарњанги Тољикистон тайид кард, ки рассоми тољик Олим Камолов дар фестивали Байналмилалии "Минетур ва акс", ки ќарор аст аз 28 сентябр то 5 октябр дар шањри ќадимаи Тлемсени Алљазоир баргузор шавад, бо пешнињоди чор асари худ иштирок мекунад.

Манбаъ ба "Рўзгор" гуфт, ки асарњои пешнињодшуда аз љониби Вазорати фарњанг тавсия шудаанд. Ба ин фестивал нусхаи асли асарњо пешкаш мешаванд ва шарти муњими он низ њамин аст. Рассоми тољик асарњоеро пешкаши озмун кардааст, ки бо зањмати зиёд рўи кор омадаанд ва барои њар кадоми онњо як ё ду сол зањмат кашидааст. Олим Каримов аз зумраи рассомони насли нав аст, ки

РЕЗИДЕНТИ Тољикистон Эмомалї Рањмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суѓд дар ноњияи Спитамен пайкараи ќањрамони халќи тољик ва яке аз абармардони майдони пайкор Спитаменро пардакушої кард.

Сарвари давлати Тољикистон зимни як суханронї, ки чанд лањза баъди пардабардорї аз пайкара эрод намуд, Спитаменро "намунаи диловариву ќањрамонї ва мардонагиву ватандўстї" номид. Вай аз корномањои Спитамен ёд кард ва афзуд: "Маќоми ў ба унвони лашкаркаши бењамто миёни њамзамонон ба њадде нуфуз пайдо карда буд, ки њатто Искандари Маќдунї бо њамаи бузургї ва манзалати сиёсиву њарбии хеш дар симои ин ќањрамони миллии мо раќиби тавоно ва лашкаркаши зираку ќавиро эътироф намуда, афзалияти усули љангии ўро дар миёни сарлашкарони юнонї борњо ситоиш кардааст. Эмомалї Рањмон њамчунин изњори умед кард, ки "майдони муљассамаи ў љойгоњи њамоиши дўстон, макони таблиѓи корномањои диловариву оини ватандорї ва садоќат ба Ватан хоњад буд". Бино ба гузориши дафдари матбуоти Президенти Тољикистон дар љараёни ин сафар Сардори давлат њамчунин дар ноњияи Спитамен аз мактаб - интернатбарои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилањои камбизоат, якчанд корхонаи истењсолї, аз дармонгоњи хусусии ташхису табобат дар дењаи Саидќўрѓони Љамоати дењоти Истиќлол, ки аз љониби соњибкори мањаллї Фурќат Абдуљабборов бо харљи беш аз се миллион сомонї бунёд гардидааст, дидан кард ва як муассисаи нави тиббиро мавриди бањрабардорї ќарор дод.

баъди хатми омўзишгоњи бадеии ба номи Олимов соли 1979 ба омўзиши осори рассоми соњибќалами классики тољик Камолиддин Бењзод машѓул шудааст. Дар соли 2010 Олим Камолов ба дарёфти унвони Корманди хизматнишондодаи Тољикистон мушарраф шуд. Вай њамчунин бунёдгузори Маркази "Мино" мебошад, ки ин шабу рўз дањњо тан дар он касби рассомї дар он меомўзанд.

Таътили тирамоњиву бањорї барои хонандагон лаѓв шуд

Ифтитоњи муљаддади “Хонаи синамо” дар Эрон

Д

АР Љумњурии Исломии Эрон “Хонаи синамо” бори дигар дарњои худро ба рўи њаводоронаш боз кард. Ин яке аз баландмартабатарин созмони синамогарони эронї ба шумор рафта, бештар аз панљ њазор дар он узвият доштанд ва моњи январи соли 2012 аз љониби њукуматдорони ин кишвар баста шуда буд. Дар ин бора ожонсии хабарии Middle East Online иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки он замон “Хонаи синамо” ба иттињоми сохтаи номувофиќатии низомномаи он ба Конститутсияи Эрон аз фаъолият боздошта шуда буд. Аммо худи синамогарони эронї мегўянд сабаби баста шудани “Хонаи синамо” фестивали навбатии њамасола шуда буд, ки дар иддае аз филмњо ишорањои танќидї ба фаъолияти њукуматдорон садо медод. Иќдомоти маќомоти њукуматї он замон муљиби интиќодоти шадиди љомеаи синамогарони эронї шуда буд. Њуљљатулло Аюбї, ноиби вазири фарњанги Эрон дар маросими ифтитоњи муљаддади “Хонаи кино” ибтикори њукумати собиќро ба боди интиќод кашид ва ифтитоњи дубораи созмонро кўшишњои њукумати нав дар роњи рушди санъат дар кишвар унвон кард.

www.ruzgor.tj

e mail: info@ruzgor.tj

В

АЗОРАТИ маорифи Тољикистон чорякњои яккум ва сеюмро, ки маъмулан охири тирамоњу аввали бањор омўзишњои семоњаи хонандагонро љамъбаст менамуданд, лаѓв кард ва акнун барои мактабњои тањсилоти њамагонї низоми нимсолаи таълим њатмї шуд.

Яъне, аз ин ба баъд хонандагон танњо ду маротиба бо супоридани санљишу имтињонот даврањои омўзишии худро љамъбаст менамоянд. Роњат Мирзоев, самутахассиси вазорати маорифи Тољикистон дар сўњбат бо "Рўзгор" гуфт, ки аслан роњандозии ин барномаи таълимї дар доираи ислоњоти соњаи маориф сурат мегирад, ки ќарор аст то соли 2020 анљом шавад. Аз ин пештар таътилњои тирамоњиву бањорї лаѓв шуда буданд ва зарфи чанд соли охир ба сабаби сардињои зимистон ба макотиби таълимоти њамагонї дастур дода шуда буд, ки таътили 12-рўзаи зимистониро то як моњ тамдид кунанд. Ва имсол њам баъди љамъбасти нимсолаи аввали соли хониш ќарор аст як моњ таътили зимистона эълон шавад". Роњат Мирзоев афзуд, ки соли хониш дар кишвар 34 њафтаро дар бар мегирад ва барномањои таълимї тавре сохта шудаанд, ки хонандагон мавзўъњои барномавиро комил аз худ кунанд ва баъди занги камолот ба супурдани имтињоноту санљишњо худро омода созанд.

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае,ки гузашт Дар шањри Чкалови вилояти Суѓд бо ширкати Президенти Љумњурии Тољикистон бинои чорошёнае мавриди истифода ќарор дода шудааст, ки ќарор аст дар он омўзгорон зиндагонї кунанд. Тибќи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат бинои мазкур аз хонањои се, ду ва якњуљраї иборат буда, бо 6 миллион сомонї дар заминаи як бинои нимасохт аз буљаи љумњурї ќомат рост кардааст. Президенти Тољикистон дар љараёни сафараш ба шимоли кишвар њамчунин аз ќароргоњи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи вазорати корњои дохилї дар вилояти Суѓд ва дигар иншоотњои навободу корхонањои саноатї ва хољагињои дењќонї дидан кардааст. *** Пулиси шањри Малберрии штати Флорида роњиби исломситези амрикої Терри Љонсонро, ки мехост 3 њазор адад китоби муќаддаси Ќуръонро ба оташ кашад, боздошт намуд. Пулис мегўяд роњиб замоне боздошт шуд, ки бордони мошинаш пур аз китоби муќаддаси олуда бо керосин буд. Ин роњиби Худобехабар аз соли 2011 ба инљониб пайваста Ќуръон ба оташ мекашад. Додгоњи Мисри замони Мурсї барои тавлиди филми тавњиномез дар бораи Пайѓамбар (с) ўро ба марг мањкум карда буд. *** Президенти Русия эълон кард, ки кишвараш аз иќдоми Эрон дар мавриди ошкорсозии барномањои атомиаш истиќбол мекунад. Владимир Путин, ки баъди мулоќот бо њамтои эрониаш Њасани Рўњонї дар љаласаи сарони кишварњои узви Паймони Шанхай сўњбат мекард, иброз дошт: "Мо ба ин назарем, ки Эрон чун њамаи кишварњои дигар ба истифодаи сулњомези атом њаќ дорад, аз љумла вай њам метавонад уранро ѓанї созад ва бо маќсадњои осоишта истифода б��рад. Вале табиист, ки бояд ин барномањо зери назорати созмони байналмилалии энержии њастаї (МАГАТЭ) роњандозї шаванд. *** Љопон омодааст саноати Туркманистонро бештар аз 10 миллиард доллар сармоягузорї кунад. Дар ин бора муоњадањое њикоят мекунанд, ки дар љараёни сафари Гурбонгулї Бердимуњаммадов ба ин кишвар имзо шудаанд. Аксари созишномањои њосилшуда дар соњаи нафту газ мебошанд ва маќомоти туркман мегўянд ин айни он чизест, ки Туркманистон ба он ниёз дорад. Гурбонгулї Бердимуњаммадов дар ин сафар бо сарвазири Љопон Синдзо Абэ ва император Акихито дидор ва гуфтушунид кард. *** Ќарор аст дар љараёни баргузории Маљмаи кулли СММ дар шањри Ню-Йорк вазирони умури хориљии Британияи Кабир Вилям Њейг ва Љумњурии Исломии Эрон Муњаммад Љавод Зариф бо њам мулоќот кунанд. Дар ин бора рўзи душанбе аз вазорати корњои хориљии Британия Кабир ба хабаргузорињо иттилоъ доданд. Ин аввалин мулоќоти сарварони идорањои дипломатии ду кишвар баъди баста шудани сафорати Британия дар Тењрон мебошад. Соли 2011 баъди њамлаи гурўњњи ифротгаро Лондон эълон кард, ки дар ин кор давлат даст дорад ва сафорати худро дар Тењрон таътил кард. *** Бар асари инфиљор дар марзи Афѓонистон бо Покистон субњи рўзи душанбе як генерал ва як сарњанги артиши Покистон ба њалокат расиданд. Љузъиёти бештаре аз ин таркиш интишор нашудааст ва то замоне, ки хабар тањия мешуд њељ гуруње масъулияти онро ба ўњда нагирифта буд. Аммо пулис мегўяд эњтимол дорад ин амали дасти Толибони Покистон бошад, ки ваќтњои охир дар ин минтаќа басо фаъол шудаанд. *** Дар рўзњои таљлил аз љашни Истиќлол бо фармони Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон ба як гуруњи њунарпешањо, аз љумла ба њунарманди Театри давлатии шањри Ќурѓонтеппа Аловиддин Абдуллоев унвони Њунарпешаи халкии Тољикистон, ба овозхони Филармонияи давлатии Тољикистон Рањматулло Њошимов унвони Њофизи халкии Тољикистон, ба рањбари бадеии Ансамбли давлатии Шашмаќом Фурќат Саидов, ба њунарманди ансамбли давлатии "Фалак" Рузибой Идиев ва ба њунарманди ансамбли раќсии "Гулрез" Зайнаб Баротова унвони Њунарпешаи шоистаи Тољикистон дода шуд. Њайати эљодии њафтаномаи "Рўзгор" њунармандони мазкурро бо ин унвонњо табрик гуфта, барояшон саломатї ва комёбињои нав ба нав орзу менамояд. *** Ќурбоналї Рањмонов, Њунарманди мардумии Тољикистон, рањбари бадеии ансамбли давлатии Сомон дар фестивали байналмилалии "Шеъру суруди Разавї" дар шањри Машњади Љумњурии Исломии Эрон, ки рўзи 17-уми сентябри соли 2013 ба кори худ шуруъ кард, ширкат намуда, кишвари моро дар он намояндагї мекунад.


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

Д

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

3

ХЕЛЕ МУДЊИШ АСТ ВАЌТЕ САРОЯНДА МАНТИЌРО ФАЊМ НАМЕКУНАД балки 5 ё 6 ё 10 бошад, вале сифатан китоб бошад, на ки аз рафи китобњои сафоратњо чанд номгўро пешкаши намоиш кунанд. Банда бар ин назар нестам, ки дар Белоруссия танњо њамин китоби Лукашенко чоп шуда бошад ё дар Туркманистон китоби Бердимуњаммадов. Ва дигар ин ки Бердимуњаммадов ва Лукашенко барои туркманњову белорусњо азизанд. Анис Муњаммадљон, унвонљў.

УРУД ба њамаи хонандагони азиз! Бо ташаккур ба онњое, ки ин њафта бо ирсоли номаву шодбошињо ва паёмњои телефонї назароти худро рољеъ ба шумораи гузашта иброз доштанд. Ашрафхоља Мирзоев, сокини ноњияи Бохтар дар мавриди наќши Ањмадшоњи Масъуд дар сулњи тољикон нуќтаи назари худро баён карданд. Њарчанд на њама мулоњизањои хонандаи худро ќабул дорем, вале аз он ки мунсифона изњори аќида кардаанд, ба назарашон аљр мегузорем ва онро як нуќтаи назари шахсї дар љомеаи озоду демократї медонем. Ашрафхоља мегўянд, ки Ањмадшоњи Масъуд сабабгори бозгашти зудраси муњољирину муљоњидин аз Афѓонистон шуд ва ин сабаб гардид, ки тарњи сулњи тољикон хом монд ва дар оянда бандњои асосии созишномаи сулњ ноиљро боќї монд.

Аз зангњои телефонї сўњбати Саодат Назарова, сокини шањри Душанбе ќобили зикр аст. Хонандаи мо дар бораи сањифаи навтаъсиси "Пурсишеву посухе" ибрози назар карданд ва онро заруриву муфид донистанд. Зимнан суолеро њам ироа карданд, ки посухашро метавонанд дар њамин шумора бихонанд. Абдусаттор Раљабов аз дењаи Чамани ноњияи Вањдат рўзи якшанбе баъд аз зўњр бо мо дар тамос шуданд ва дар мавриди "Рўзгор" ва мўњтавои матолиби он андешањои љолиберо иброз доштанд. Гуфтанд, ки баъди дастрас кардани шумораи охири њафтанома аз дукондори Вањдат хоњиш кардаанд, ки њама шуморањояшро дастрас кунад ва мехаранд. Баъди чанд рўз дукондор хоњиши хонандаи моро ба љо овардааст. Абдусаттор бо ихлоси тамом аз њафтанома ситоиш карданд ва мо он суханонро чун анъанаи нашрия барои худ нигоњ медорем ва нуктањоеро мегўем, ки барои дигарон низ љолибанд. Масалан, эрод гирифтанд, ки мо луѓатномаи калимањои душворфањм аз шеърњои иќтибосшударо надорем. Масалан, дар шеъри Фуруѓи Фаррухзод "Аз тангнои мањбаси торикї", ки њафтаи гузашта интишор ёфт, калимањое аз ќабили "мунљалоб" истифода шудаанд, ки каме аз хонандагон маънои онро медонанд. Пас зарур аст барои њам фањмо шудан ва њам бой кардани дониши луѓавии хонанда мо бояд шарњи ин гуна калимањоро дошта бошем. Мо пешнињоди Абдусаттор Раљабовро ќабул кардем ва аз ин ба баъд хоњем кўшид ин гуна калимањоро дар ќавс ё повараќ шарњ дињем. Хонандаи мо њамчунин дар мавриди баъзе маќолањои дигар ибрози назар карданд ва гуфтанд, ки масалан, маќолаи "Тавбаи насуњи Тайсон"-ро бе ашки чашмон натавонистаанд хонанд. Дар он як ишораи љолиби руљуи инсони гунањгор ба Худо ва аз тарс рў ба тавба овардани муштзўри замон дида шудааст, ки агар њар кас њам бо таваљљуњ онро бихонад, зери таъсир мемонад. Ва инак, зикри чанд номаи расида:

ОДАМОНИ ХУБРО БОЯД СИТОИШ КАРД Дар мавриди одамњои хуб зиёд мегўянду менависанд. Ва ин гуна одамонро метавон дар њар куљо пайдо кард. Дар кўча, дар бозор, дар мактаб...Њарчанд бо як дид наметавон гуфт, ки вай одам хеле одами хуб аст. Аз мутолиаи маќолаи "Дилам ба ёди Ватан гум мезанад" як бори дигар бовар њосил кардам, ки њатто дар замоне, ки инсонњо арзишњои башариро аз даст додаанд, љо-љо касоне њам пайдо мешаванд, ки дар фикри кўмак ба њамватани собиќи хешанд. Хоса дар Русия ин нодиртарин рўйдод аст. Николай Теплитский худ зодаи Тољикистон будааст, вале љанги шањрвандї ўро аз Ватан беватан кардааст. Метавонам тасаввур кунам, ки сўњбати Теплитский бо хабарнигор самимї буд, зеро даврони бачагиву љавонї бењтарин даврон аст ва инсон онро як умр дар хотир нигоњ медорад. Шояд бо дидани чанд тољики дар ѓарибї њаќиру зор дар њаќиќат дили Николай барои Душанбе метапад ва кўмак ба онњоро як ќарзи инсонии худ медонад. Ва шояд бо њамин кўмак ва будан миёни онњову мушкилоташон ќарзи њамватании худро иљро мекунад. Валї Сардор, муњољири собиќ, омўзгор ОРЕ, ЃОЯ МУЊИМ АСТ, ЧУН БЕ ОН МАБЛАЃ НАМЕТАВОНАД КОРЕ КУНАД

Ман љонибдори Нозими Меликам, ки дар тањияи асари сањнавї ѓояро муњим медонад, то ки маблаѓњои њангуфтро. Дар њаќиќат агар коргардон, нависанда, шоир ѓоя надошта бошанд, сарфи маблаѓњо бењудаанд. Чї лозим он сањнањои ороишёфта, ки намоишашон мазза надошта бошад? Ва Нозими Мелик, ин њунарманди чирадаст мегўяд: "Идея агар хуб бошад, барои роњандозии он маблаѓњои бузургу сохтани декорњои гароннарх шарт нест... Ман гумон мекунам, ки ба театри мо андеша намерасад, пешорўи худ гузоштани суоли "чї мехоњам?" намерасад. Муњим андеша асту зењни буррову ќавї. Он тањаввуулоте, ки дар зењни як коргардон ба вуљуд меояд, бояд ба бинанда пешнињод карда шавад". Насриддин, њунарманд

БИНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД Ростї, мавзўи сењру љоду хеле мавзўъи муњим аст ва чопи навиштањои Одил ибни Тоњири Муќбилро сариваќтї ва муносиб медонам. Аммо як хоњиш дорам: азбаски муаллиф донишманди Арабистони Саудист, хуб мешуд пеш аз чоп аз назари ягон олими машњури кишвар мегузаронидед, ки мабодо аќидањои вањњобї дар он роњ наёбад. Масалан, то љое медонам Дар Арабистони Саудї бисёр амалњоеро њам, ки аз Пайѓамбар мерос мондааст, ќобили иљро намедонанд. Зиёрати ќабру дуои намозу дигар амалњоро хилофи шаръ медонанд. Эњтимол њам меравад, ки дар ин китоб низ баъзне нуктањо нозукона љо дода шуда бошанд, ки мо хонандагони оддї пай набарем ва бо бањонаи сењр ба дигар чизњо њам нафрат кунем. Аминљон, донишљўи Донишкадаи исломї

ПЎСТИ БОЯЗИДУ КУЛОЊИ ТОЛСТОЙ Аз мутолиаи њикояњои парешон аз "Тазкират-ул-авлиё" хеле хушам меояд. Аз шумораи гузаштаи "Рўзгор" ин навишта писандам уфтод: "Агар ту пўсти Боязид даркашї, судат надорад, то амали Боязид накунї". Ин фармудаи шайх Боязиди Бастомї ба яке аз муридони худ аст. Ва ёдам аз асари машњури Расул Ѓамзатов "Доѓистони ман" омад. Шояд падараш Ѓамзат Садаса буд, ки мегуфт (маъзурам, ки даќиќ накардам, ки кї гуфта): Кулоње чун кулоњи Толстой ёфтам, вале ин гуна сар аз куљо ёбам? Дар њаќиќат мардуми мо ба табаррук гирифтани чизе аз бузургон њавас доранд, вале намедонад, ки он чизњо худ аз худ наметавонанд ба таѓйири ахлоќи ў сабаб шаванд. Барои ин инсон бояд порсоиро аз бузургон омўзад ва пайрави ахлоќи онњо бошад, на ки ба табаррук пораи либосу чизи дигаре аз онњо бигирад ва дар хона нигоњ дорад. Мусулмон, Хуљанд ЛУКАШЕНКОВУ БЕРДИМУЊАММАДОВ ДАР БЕЛОРУССИЯ ВА ТУРКМАНИСТОН АЗИЗАНД

Намоиши байналмилалии китобро васф кардед, вале намеарзид. Шояд хубии он танњо дар баргузориаш буд, ки тадриљан завќи китобхониро дар ќалби мурдаи тољик бедор кунем. Вале он ки навиштед аз он 23 њазору 400 нафар дидан карданд, бовар накарданист. Ман рўзи аввали намоиш будам ва дидам, ки 80 дар сади ширкаткунандагонаш хонандагони макотиби миёна буданд. Њатто

ruzgor@hotmail.com

донишљўён хеле кам ба назар мерасиданд. Рўзи дуюми намоиш њам рањгузар будаму як сар задам. Боз њам дидам, ки мардум на ба он њаддеанд, ки баъдан беш аз 23 њазор њисоботашон дињем. Ман зид нестам, ки намоиши китоб набошад. Вале агар мо намоиши байналмилалї мегўем, пас он кишварњо китобњои сафораташонро наоранд, балки нашрияњо даъват шаванд. Магар масъулини Вазорати фарњанг њамоишњо ва намоишњои китоб дар Эронро тамошо накардаанд? Дар Љумњурии Исломии Эрон ваќте намоиши байналмилалии китоб доир мешавад, мо надидем, ки сафорати кишваре бо се ё чор номгў китоб дар бораи роњбараш вориди намоишгоњ шавад. Балки умдатан нашрияњо даъват ва љалб мешаванд, на сафоратхонањо. Аммо дар намоиши китоби Душанбе дидем, ки туркманњо бо китобњо дар бораи Бердимуњаммадов, белорусњо дар бораи Лукашенко, ќазоќњо дар бораи Назарбоев ва ѓайра иштирок карданд. Барои тољик масалан, китоби туркманбошии сонї ё Лукашенко, ки њарчанд Белоруссия ѓаразе ба Тољикистон надорад, вале худи ўро оламиён ба унвони як диктатор мешиносанд, чї лозим? "Рўзгор" дуруст навиштааст, ки танњо Афѓонистону Эрон ба ин намоишгоњ љиддї муносибат кардаанд ва ба њадде, ки номгўи пешнињодшудаи китоби Эрон шояд аз њамаи нашриётњои мо бештар буд. Пас дар оянда мо њам кўшиш кунем, ки бигзор нашрияњо аз Русияву Белорусу Украину Туркманистону дигар љамоњир даъват шаванд. Бигзор шумораи онњо на 17,

info@ruzgor.tj

ЊОФИЗ АЗ ШОИР ФОСИЛА ГИРИФТААСТ Маќолаи олими нуктасанљ Аламхон Кучаров дар мавриди ашъори таронасарои машњур Нуруллоњи Ориф басо сариваќтї буд. Аз њамин маќола ва мисолњои овардашуда дарёфтам, ки ин шоир дар навиштани таронањо хеле муваффаќ будааст. Ва чун матни сурудњояшро мурур кардам, дидам, ки чанд сару гардан аз таронањои њофизоне, ки худашон менависанду худашон мехонаннд, болост. Њофизони имрўза аксаран бо шоирон њамкорї намекунанд. Хеле мудњиш аст ваќте сароянда мантиќро фањм намекунад. Чї хуб мешуд агар садову симо њангоми сабти таронањои нав ба мазмуну мундариљаи онњо таваљљўњ мекарданд. Аммо мутаассифона, имрўз радио ва телевизиони давлатї асосан манбаъи таблиѓи таронањои сустбунёд шудааст, ки ин ояндаи нек надорад. Ман сурудњои марњум Одина Њошимро хеле зиёд мешунавам, вале мебинам, ки ин њофизи машњур ѓазали классиконамонро ба оњанг даровардаву бо он шўњрат ёфтааст. Аз сарояндагони эстрада Далер Назар чандин ѓазали хубро ба оњанги эстрада даровардааст. Марњум Ањмад Зоњир чї ќадар таронањои љолиб дорад, ки бо ѓазалу рўбоињои классикї оро ёфтаанд ё онњоро аз ашъори шоирони муосир интихоб кардааст. Пас маълум мешавад, ки матни сурудро њам метавон аз адабиёти муосиру гузашта интихоб намуд. Аммо ба љои ин сарояндагони тољик роњи аз њама осонро интихоб мекунанд. Масалан, онњо оњангро мехаранд ва барои он худашон матн менависанд. Тавре мегўянд: Кори њар буз нест хирман кўфтан. Шеър муќаддас аст ва набояд ин муќаддасотро поймол кунанд. Сурайё, донишљў

www.ruzgor.tj


Д

Интихобот-2013

www.ruzgor.tj

МАЪЛУМОТНОМА

4

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

ОЙНИЊОЛ БОБОНАЗАРОВА соли 1948 дар ноњияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору тањсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба њайси устод дар риштаи њуќуќи Донишгоњи давлатї ба кор пардохт ва то маќоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси њизби демократи Шодмон Юсуф ба ин њизб пайваст. Соли 1994, дар пайи ба ќудрат расидани њукумати Эмомалї Рањмон, таќрибан барои як моњ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САЊА дар масоили њуќуќи башар кор кардааст. Аз њамон сол то соли 2007 рањбарии раёсати намояндагии Сандуќи Сорос дар Тољикистонро бар ўњда дошт. Аз соли 2007 рањбари созмони ѓайридавлатии “Перспектива +”, ки дар њоли њозир яке аз созмонњои маъруфи њомии њуќуќи инсон дар Тољикистон ба шумор меравад. Баъди имзои созишномаи сулњи соли 1997 тибќи сањмияи сифоизаи мухолифин, ба маќоми муовини додситони кулл пешбарї шуд, вале ин маќомро напазируфт. Шавњараш Љунайдулло Ибодов аз њуќуќшиносњои маъруфи тољик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анљумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Љовид дар Шўрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ њуќуќшиносанд.Ойнињол Бобоназарова 4 набера дорад.

АР таърихи љањон бисёр занњои оќилаву сиёсатмадор маълуманд, ки натанњо дар оиладорї намуна буданд, балки давлатњои бузургро њам ба хубї идора кардаанд. Дур намеравем дар кишвари њамсояи мо Ќирѓизистон Роза Отунбоева, муддати кўто њам бошад, чунон њам рањбарї кард, ки баъди аз вазифа рафтанаш мардум то имрўз зикри хайри ўро мекунанд. Дар давлатњои дигари наздику дур аз ќабили Покистон, Њиндустон, Бангладеш, Британияи Кабир Кореяи Љанубї ва имрўз дар Бразилияву Олмон занон роњбарии давлатњои бузургеро ба дўш доранд. Инак, хонуми шуљоъ ва хирадманди тољик Ойнињол Бобоназарова, њуќуќшиноси маъруфи кишвар, ба њайси номзади ягонаи мухолифин талош хоњад кард, ки дар интихоботи ќарибулвуќуъи президентї ширкат карда, барои расидан ба ин мансаб мубориза барад.

Зан њам метавонад як давлатро идора кунад? Мижгона Њалимова, «Рўзгор» Дар давлатдории Тољикистон ин бори аввал аст, ки зан номзадии худро дар интихобот ба маќоми президентї мегузорад. Аммо аз чї бошад, ки иддае аз мардуми кишвар аз шунидани ин хабар чандон хушњол нестанд. То љое дар рафти суњбат бо сокинон маълум гашт номзадии занро менталилети тољикона ќабул надорад. Зеро тибќи тањлилњо дар кишвари мо зан нисбати мард заъифтар муаррифї шудаасту ў наметавонад давлатеро идора кунад. Пурдили Мирзо як сокини шањри Душанбе мегўяд: “Шахсан ман ќатъиян зидди пешнињод намудани зан ба њайси номзад дар интихобот ба симмати президентї њастам. Вале боз њам худро бо он ќонеъ мекунам, ки шояд мардон њама хуб медонанд, ки дар њолати пешбарї намудани номашон ќурбони сиёсат мешаванд. Акнун, ки мухолифон занро пешнињод карданд, бояд њама муттањид шаванд! Ва роњбарони мухолифонро зарур аст, ки вазъиятро дарк кунанд, ба љонибдоронашон фањмонанд, то аз бадгўйї алайњи якдигар даст кашанд!” Ќонуни асосии Тољикистон баробарњуќуќии мардњо ва занонро дар Тољикистон расман эълон кардааст ва чун дигар давлатњои

www.ruzgor.tj

пешрафта Тољикистон низ метавонад номзад ба маќоми президентиро аз љумлаи занон пешбарї кунад, яъне зан номзадии худро дар ин маъракаи сиёсї гузорад. Сафар Рўзиев, сокини пойтахт мегўяд, ки раъйи худро њатман ба як номзади зан хоњад дод: “Бо дарназардошти он ки аксари мардњо дар Русия ќарор доранд, тарбияти кўдак ва њалли бисёре аз масоили љомеъа дар Тољикистон ба дўши занон афтодааст. Мехоњам ба зане раъй дињам, ки воќеан намояндаи созанда ва бедору боњуш бошад.” Дар њамин њол муќобилони ин пешнињод мегўянд, ки зан њељ ваќт наметавонад давлатеро, ба хусус Тољикистони моро, роњбарї кунад ва гўё номзадии зан эътирозњои зиёдеро ба бор меоварад. Шокирљон Њакимов, њуќуќшинос ва сиёсатмадор: «Барои пазируфтани зан ба маќоми президентї њоло дар Тољикистон афкори љомеа омода нашудааст. Мувофиќи маќсад мебуд, ки ба маќоми президентї шахсиятеро пешнињод намоем, ки мард бошад ва хислати мардона дошта бошад. Агар зан њамчун номзад пешнињод гардад, гўё ин њамчун падидаи мусбат арзёбї мешавад, вале бештар манфиатњои њукуматро инъикос мекунад. Чунки пеш аз њама чунин амалро онњо њамчун пешрафти фарњанги сиёсї ва амалї шудани сиёсати гендерї

e mail: info@ruzgor.tj

муаррифї менамоянд. Бигузор ЊХДТ занро њамчун номзад пешнињод кунад ё он њизбњое, ки аз љониби њукумат идора мешаванд»-иброз дошт Њакимов. Ба ќонун нигоњ накарда, имрўз дар љомеаи мо мардсолорї вуљуд дорад ва барои дар њаёт амалан љорї шудани баробарњуќуќии ваќеии зану мард муддати зиёде лозим аст. Зеро бештари мардум бар ин аќидаанд, ки агар зан президент шуд, пас дар ин сурат мардњо бояд ошпазї ва хонадорї кунанд? Ин аст, ки имрўз дар њама њолат мардон болои занон фишор оварда, њатто дар интихоботњо ба љои занон худашон овоз медињанд. Ва яке аз мушкилоти аслие, ки боиси пеш рафтани њалли масоили марбут ба занон ва духтарон дар Тољикистон шудааст, ин иљро нашудани ќонунњо дар кишвар мебошад. Ба суоли он ки оё зан метавонад аз ўњдаи роњбар шудани як давлат барояд, Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ чунин гуфт: “Њафтод дарсади интихобкунанда занон њастанд. Агар тавонанд, ки аз ин шанс истифода баранд, чаро зан наметавонад рањбар бошад? Аз њама љомеаи консервативї љомеаи Покистону Бангладеш њаст, вале чуноне, ки мебинем роњбаронашон занон буданд ва њастанд. Чаро мо аз ин таљрибаи љањонї истифода набарем? Ман аќидаам дар ин аст, ки

ruzgor@mail.ru

бояд ќолабро шиканем ва занро барои номзадї пешбарї кунем.” Вале дар љомеаи мо њастанд нафароне, ки барояшон муњим нест, ки мард президент мешавад ва ё зан, Кассе, ки набошад, муњим масоили мављудаи кишварро њаллу фасл созад. Барзу Абдураззоќов, коргардони театр мегўяд, “Чаро зан номзад шуда наметавонистааст?! Дар њоле ки як идда аз мардон омодаи пора кардан ва кандани гулўи якдигаранд, бигузор зан рањбар бошад, ман фаќат хурсанд мебудам. Зан сулњу оромї ва тозагиву субот оварда метавонад. Бале, оё марде пайдо мешавад, ки ба сўи ў санг партояд? Роњи сулњомез барои кишвари мо дар шароит ва вазъияти феълии

он, ин будани зани боистеъдод ва хирадманд, модар дар сари ќудрати сиёсист. Фаќат зан метавонад ин ѓарами бузурги ифлосиро, ки кишвар зери онњо дамгир шудааст, поксозї намояд.” Коршиносон бар ин аќидаанд, ки имрўз дар сатњи давлат дар бораи дифоъ аз њуќуќи занон ва баробарии њуќуќи онњо бо мардњо суханронињои зиёде анљом мешавад, вале ба гуфтаи онњо, амалан ин ваъдањо иљро намешаванд. Ва барои њузури занон дар давлат ва дастёбии онњо ба маќомњои баланд, занон дар ин кишвар худашон талошњои камтаре мекунанд! Аммо њарчї набошад, дар Љумњурии Тољикистон ќолабшикание ба чашм расид!


www.ruzgor.tj

Аз рўзгори адиб

ѓазали нодирашро ба хотир меоранд. Чаро? Чунки, яке аз муњимтарин хусусияти ѓазал зуд ба хотир наќш бастани ўст. -Антон Чехов гуфта, ки агар эњтиёљ ба пул намедоштам, нависанда намешудам, Озар чї? Шумо барои чї шеър мегўед? -Антон Чеховро намедонам, аммо ман њич ваќт барои пул эљод накардааму намекунам. Шеър барои ман чизи муќаддас аст ва муќаддасот болотар аз пул меистад. Ман барои он шеър мегўям, ки ба он эњтиёљи шадиди руњонї дорам. - Як шоири маъруфи мо дар машварате дар мавриди осори Шумо гуфта буд, ки "Озар шоири хуб аст, аммо дар ашъораш бештар дарду алам дида мешавад ва албатта мунаќќид њаќ надорад, ки шоирро бигўяд дар ин ё он мавзуъ навис, аммо мунаќќид гуфта метавонад, ки ба шеъри ту фалон чиз намерасад". Манзурам ин ки дарди Озарро сарманша чї бошад? -Сиришти инсон дар ихтиёри худаш нест. Онро каси дигар, аз љойи дигар тарњрезї мекунад. Аммо барои иттиллоот та-

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

5

-Дар мавриди љавоншоирони имрўзи мо чї мегўед? Кадоме аз онњо воќеан бори адабиётро ба дўш дорад? -Насли њозира дар муќоиса бо насли мо хеле хушбахт аст. Чаро ки барояшон имкони тањсил ва эљод карданро бештар мебинам. Насле, ки ман мутааллиќи он њастам, дањ соли нављавонии худро дар кашмакашњои љанги дохилї ва оќибатњои нохуши он аз даст дод. Ин дањ сол њамон дањсолаест, ки як эљодкори љавон метавонист шинохта шавад. Яъне, насли ман як насли гумшуда бо њазорон ормон дар дил аст. Як насле, ки њангоми шукуфоияш гулшиносон берун рафта буданду чун баргаштанд, алаккай хеле дер шуда буд. Дар бораи ин, ки кадоме аз љавоншоирони мо бори адабиётро ба дўш дорад, њарф задан барваќт аст. Њарчанд пинњон намедорам , ки осори ќалами баъзе аз онњо бароям писанд меояд. Дар чунин мавридњо мегўянд, ки "довари њаќиќї ваќт аст". -Чанд соле ќабл Шумо аз љониби раиси ваќти шањри Ќурѓонтеппа соњиби манзил шуда будед ва донистан мехоњем,

ОЗАР: "Насли ман насли гумшуда бо њазорон ормон дар дил аст" О

ЗАР аз зумраи муваффаќтарин шоирони насли љавони мост, ки њамеша кўшиши навгўї мекунад. Њамин байти зебо кофист то њунари шоирии ўро муарриф бикунад: Сўхт аз оташу хокистари нест падид, Њамчу ман шамъ дар исботи ѓамаш њайрон аст. Озар бештар дар жанри ѓазал ва анвои мудерни шеър менависад ва дар ин росто хеле пешгом аст. То имрўз аз Озар се маљмўаи шеър бо номњои "Сарви дуо", "Ирфони њино" ва "Гуфтугўи нахлу моњ" мунташир шудааст. Озар дар шањри Ќурѓонтеппа ба сар мебарад ва раиси Иттињодияи адибони водии Вахш ва рањбари мањфили адибони Ќўрѓонтеппа аст. Хабарнигори "Рўзгор" Бањман бо Озар дар мавриди вазъи шеър дар кишвар ва њавзаи адабии водии Вахш суњбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Худої Шариф, профессор ва яке аз маъруфтарин устодони адабиёт дар Тољикистон љое гуфта, ки "љаззобияти шеър чандон намондааст, барои он ки кайфияти забонї ва маззаи забонии он аз байн рафтааст. Ба назари ман чунин менамояд, ки аксари шоирони муосир мактаби фикрї ё адабии дурустро нагузаштаанд ва ё надоранд". Шумо њам имрўз яке аз шоирони пешгоми мо њастед. Дар ин маврид чї андеша доред? -Бо устод мувофиќам. Ба њаќиќат мактабњои адабї хеле бо нудрат ба назар мерасанд. Дастрасии аз њад зиёд ба воситањои ахбори омма, аз љумла интернет кори навшоиронро хеле осон кардааст. Дигар барои чопи шеър онро аз нигоњи донишмандону устодон гузаронидан лозим нест. Дар интернет чун дар чопхонањои имрўзаи мо наќди адабї амал намекунад ва дилхоњ шеъргуна, њатто музахрафот њам метавонад пешкаши хонандагон гардад. Њамаи ин имкон дорад, ки боис ба костагии завќи мардум аз шеър ва шоирї шавад. Аммо истеъдод чизе нест, ки соњиби худро ором гузорад. Шоири дорои истеъдод њатман барои комил шудани худ талош меварзад, мактабњои адабиро мегузарад ва то поёни умр барои омўзиш љањд хоњад кард. -Оё умри шеър сар омада ё чизи дигар боиси аз шеър дур шудани мардум гардида? -Умри шеър вобаста ба он нест, ки мардум шеър мехонанд ё намехонанд. Шеър пеш аз он, ки мардум чї будани шеърро донанд, мављуд буд ва агар Худо накарда мардум онро аз ёд баранд, боз њамчунон вуљуд хоњад дошт. Муњим шахси шоир аст, ки шеърро дида тавонад.

-Дар мавриди љараёнњои назми имрўзи мо чї андеша доред? -Дар адабиёти имрўзаи тољик њељ гуна љараёни навро ман мушоњида накардаам. Ман намедонам хонандагон њарфи маро чї гуна ќабул мекунанд, аммо боз њам муваффаќтарин шоирони мо њамонњоеянд, ки алаккай шинохта шудаанду эњтиёљ ба зикри номи онњо нест. Аммо бояд донист, ки љараён ворид кардан дар олами шеър кори як ё ду дањсола нест. Он падидаи табииест, ки бо гузашти садсолањо арзи њастї мекунад. Бидуни тааммуќ ва андеша аз адабиёти ѓарб нусхабардории љараёнњо кори оќилона нест. -Оё шоирони мо ба гуфтани шеъри мудерни воќеан тољикона муваффаќ шудаанд ё на? Чун аксари шеърњои сафед ё нимоии мо дар таќлид ба шоирони Ирон гуфта мешаванд… -Бисёр мешунавем дар бораи ин гуна таќлидњо, аммо онњо исбот мехоњанд. Монандии зоњириро намешавад таќлиди мањз гуфт. Даъво надорам, ки мудернсароёни мо ба шоирони Ирон таќлид намекунанд, зеро њастанд чунин шоирон. Аммо шоироне њам њастанд, ки дар ин самт муваффаќанду пешгом. -Хабари марги кї дар њарфи тари борон аст, Ки ба њар чиз нигањи сайр кунад гирён аст. Ин матлаи як ѓазали зебои Шумост аз "Ирфони њино". Оё њанўз њам зарурат њаст, ки ѓазал бигўем? -Умри ѓазал ба охир намерасад ва ин аксиома аст. Ѓазал хусусиятњои хоси худро дорад, ки онро дигар жанрњои шеърї надоранд. Масалан, Нодирпур њам љонибдори гуфтани ѓазал набуд, аммо имрўз хонандагони ашъори ў бештар њамон чанд

шаккур мекунам. Ростї, аз гуфтањои Устод Аскар Њаким хабар надоштам. Муњим шодсарої ва њузнсарої нест. Муњим мувофиќати шеър бо дили шоир аст. Шеъри шод гуфтан бароям душвор нест, аммо дар ойинаи дили ман чизи дигарест, чизи дигаре, ки бо њазорон шеър њам наметавонам бозтобаш созам. -"Лайло, чашмони сиёњат, Ойинаанд рўзи асоратро…." Ин оѓози як шеъри Шумост аз силсилаи шеърњои "Хурмои эътиќод", ки ба ќавли худатон "ба хоњарони Фаластинї" эњдо кардаед. Пас Озар шеърњои сиёсї њам мегўяд ва ё умуман шеър метавонад сиёсї бошад? -Ба навиштани силсилаи шеърњои " Хурмои эътиќод" маро як воќеаи нангин водор кард. Киштие, ки барои гурезањои фаластинии Навори Ѓазза кўмаки башардўстона мебурд аз љониби силоњдорони исроилї дар мавзеи обњои бетараф таъќибу боздошт шуд ва амалњои нангине онљо сурат гирифтанд. Ин воќеаро бисёрињо мањкум карданд. Њамон рўзњо чашмам ба сурати як духтари фаластинї, ки дар рўзномањо чоп шуда буд, афтоду ўро бо номи Лайло мухотаби худ ќарор додам ва барояш гуфтам ончиро, ки бояд мегуфтам. Чаро мањз ба ў, на ба аскарони Исроил? Барои он, ки золимон суханношунаванд. -Дасти Озарро дар шоирї кї рост карда? -Дасти ман дар шоирї рост шудааст ё на, суолест, ки бароям тамоми умр боз хоњад монд. Аммо дар бораи нахустин навиштањо ва устодони аввалини худ хотироти аљибе дорам, ки дар ягон ваќти мусоид бозгў хоњам кард. Намешавад соддаву осон посух дод, ки фалону фалон. Бо иљозаи Шумо ба ин савол дигаргунатар ва дар мавриди дигар посух хоњам гуфт.

Н

ruzgor@hotmail.com

ки имрўз Озар чї гуна ба сар мебарад ва дар Ќурѓонтеппа банди чї корњое њаст? -Раиси шањри Ќурѓонтеппа Шарифхон Самиев дар њаќиќат бузургворї карда, ба ман хонаи якњуљрагї дода буданд, аммо чун бисёр танг буд, онро баргардонидаму Раиси вилоят муњтарам Ѓайбулло Авзалов бароям хонаи сењуљрагии хизматї доданд. Алъон дар њамон хонаи хизматї истиќомат дорам. Яъне андешаи манзил њанўз њам боќист . Фаъолиятам бошад, дар маљаллаи "Мактаб"-и назди Раёсати маорифи вилоят аст ва ман сардабирии ин маљалларо бар дўш дорам. -Њавзаи адабии водии Вахш ва шањри Ќурѓонтеппа чї вазъ дорад? -Адибони њавзаи водии Вахш ба њам муњаббати махсус доранд ва њамеша дар шодиву ѓам мададгори њаманд. Ягон воќеаи муњими зиндагии онњо бе иштироки њам намегузарад. Чун пештара дар мањфилњо љамъ меоянд ва маслињатгари њам мешаванд. Хусусан, дар ноњияи Панљ, Вахш ва шањри Сарбанд мањфилњо теъдоди зиёди ќаламкашонро гирди њам овардааст. Соли равон бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят озмуни "Ќаламкашони умедбахш" миёни мактабњои тањсилоти умумї гузаронида шуд ва ѓолибон бо туњфa ќадрдонї гардиданд. - Адибони Ќурѓонтеппаву водии Вахш аз љониби маќомот чї гуна дастгирї меёбанд? -Дастгирии адибон аз љониби њукумати вилоят, хусусан, раиси он муњтарам Ѓайбулло Авзалов, ки худ шахси фарзона ва ќадрдони ањли адаб мебошанд, хеле зиёд аст. Адибон ба маъракањои муњими фарњангї њамеша даъват карда мешаванд ва аз иззати хосса бархўрдоранд. Дар вилоят тибќи озмун њар сол ба адибон ду љойиза, љоизањои адабии ба номи Носири Хисрав барои наср ва Шамсиддини Шоњин барои назм дода мешавад. Илова бар он бо дастгирии маќомот китобњояшон низ ба чоп мерасанд. -Сипос барои гуфтугўи самимї Мусоњиб Бањман, «Рўзгор»

АСЛИ њозира дар муќоиса бо насли мо хеле хушбахт аст. Чаро ки барояшон имкони тањсил ва эљод карданро бештар мебинам. Насле, ки ман мутааллиќи он њастам, дањ соли нављавонии худро дар кашмакашњои љанги дохилї ва оќибатњои нохуши он аз даст дод. Ин дањ сол њамон дањсолаест, ки як эљодкори љавон метавонист шинохта шавад. Яъне, насли ман як насли гумшуда бо њазорон ормон дар дил аст. Як насле, ки њангоми шукуфоияш гулшиносон берун рафта буданду чун баргаштанд, алаккай хеле дер шуда буд. Дар бораи ин, ки кадоме аз љавоншоирони мо бори адабиётро ба дўш дорад, њарф задан барваќт аст. Њарчанд пинњон намедорам , ки осори ќалами баъзе аз онњо бароям писанд меояд. Дар чунин мавридњо мегўянд, ки "довари њаќиќї ваќт аст". info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


6

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

Аз рўзгори њамсояњо

www.ruzgor.tj

Афѓонистон берун мераванд, чун мебинанд, ки боќї мондан дар як кишвари харобаву љангзада ба манфитати онњо нест. Вале нуктаи муњим он аст, ки на амрикоињо ва на инглисњову олмонињо минтаќаро тарк нахоњанд кард. Онњо на барои он омаданд, ки ба Вашингтон баргарданд. Балки њадаф боќї мондан ва ба забти ќаламрави кишварњо идома додан аст. Шояд дуруст њадс зада мешавад, ки њоло барояшон муњим њам нест, ки Тољикистон ё Узбакистону Ќирѓизистон молашон бошад. Муњим он аст, ки бо ду ќудрати љањонї: Русия ва Чин наздик бошанд. Ин як стратегияи тарњрезишуда, ки бунёди тадриљии пойгоњњо дар ќаламрави Осиёи Марказї ба њадафи зери назорат доштани Москаву Пекин аст. Вашингтон дар дурнамои сиёсатњои худ шикастани Чинро тарњрезї кардааст, чун медонад, ки рушди аждањои хуфта ба манфиати султахоњињои амрикої нест. Вале ин

њарбиёнро низ тањаммул кард. Њатто љуръати он надошт ё нахост онро њамчун табаддулот ба ќалам дињад. Дар натиља Муњаммад Мурсї, президенти ќонунан интихобшуда ва эътирофгардида дар љомеаи башарї бо садњо љонибдоронаш њоло дар банди зиндонанд, вале Амрикои демократї њарфе зидди низоми њарбии Миср надорад. Бо андеша дар сарнавишти бин Алї ва Њуснї Мубораку Муњаммад Мурсї ин суолро њам дар миён гузоштан айни муддаост: Магар барои Амрико Ислом Каримов ё Эмомалї Рањмон дўсти абад хоњад буд? Ин дар њолест, ки ахирї њоло њам тамоили русгароии худро пинњон намекунад ва бархилофи њамтои узбакаш Амрикоро њамоно дар фосила нигоњ медорад. Сиёсати на дўстии наздик ва на эњсоси душманиро пеш гирифтааст, ки аксари сиёсатмадорон онро дурандешона ва ќобили мулоњиза хона-

Афѓонистон: бозгашти Толибон ва сарнавишти номуайяни минтаќа С УХАН ин бор аз Афѓонистон аст. Афѓонистони њамоно ѓарќоби хун, Афѓонистони гирифтори фитнаи хориљиён, Афѓонистоне, ки ноамнии њамешагиро аз гузаштаи худ ба мерос гирифтааст. Ин кишвар хуруљи таљовузгарони инглису амрикоиву шўравиро дида буд ва њоло боз њам дар остонаи як хуруљи дигар ќарор доранд. Ва боз њам њамон инглису амрикої, ки замоне тавтеањояшон муљиби шикасти шармандаворашон шуда буд, ногузиранд ќаламрави ин кишварро тарк кунанд. Оре, ногузиранд, зеро наметавонанд боќї бимонанд, наметавонанд бо талафоти гарони љониву молї ва зери фишори љомеаи шањрвандии хеш, боз њам ба њузури худ идома дињанд. Аммо онњо њарчанд мегўянд аз Афѓонистон мераванд, вале дар асл, њадаф доранд њузури худро дар минтаќа таќвият бахшанд. нанд ё на, масъулияти онњо нест. Бобољони Шафеъ, Аммо дида мешавад, ки дар пас"Рўзгор" манзараи хуруљи нерўњои ба исти-

Дар њоле, ки Вашингтон мушкилоти њалношуда бо Эрону Сурия дорад, дар њоле, ки стратегњои он тарњи бесуботгардонии Чину Русияро кашидаанд ва он шояд бо гузашти як ё ду дањсолаи дигар амалї гардад, имрўз на Барак Обама ва на каси дигар ёрои онро надорад, артишу хадамоти љосусии худро аз минтаќа куллан берун созад. Ва мушкили Афѓонистон низ он аст, ки муддати тўлонї чун минтаќаи тањти нуфуз ба хотири амалисозии тарњи боќї мондан дар минтаќа бояд зери назорати ин ќудратњо бошад. Бигзор боз њам Толибони љангљўву мољарохоњ бо њамон мафкураи асримиёнагии худ ба ќудрати Афѓонистон баргарданд. Вале аљнабиён њамоно талош доранд бо онњо забон ёбанд. Ба ивази ќудрати сиёсї ва ё шарокат дар идораи Афѓонистон барои худ заминањои суботро муњайё созанд. Вале ин на ба маънои рушди Афѓонистон ва пойдории сулњу субот дар ин кишвар аст. Ин танњо мусоидат ба амалишавии тарњњои стратегии худи онњост. Ва он ки љангњои ќабилавї идома меку-

www.ruzgor.tj

лоњ эътилофи зиддитеррористї аз Афѓонистон марњилаи дигари бесуботгардони вазъи амниятї дар минтаќа шурўъ мешавад. Хуруљ аз Афѓонистон њоло ба он маъно нест, ки ба минтаќа суботи сиёсиву амниятї њоким гардад. Акнун бо нигаронї кишварњои минтаќаро лозим меояд, ки худро ба як ноамнии эњтимолї омода созанд. Шояд се ё чор моњ ќабл буд, ки расонањои хабарї аз таљаммўъи неруњои пархошгар дар марзи Афѓонистон бо Тољикистон хабар дода буданд. Минтаќае, ки ба тозагї як бўњрони нобоварї миёни мардум ва њокимиятро пушти сар мегузошт, бори дигар ба чолиш кашида мешавад. Дар хабарњо њатто гуфта мешуд, ки миёни љангиён тољикон низ њастанд. Тибќи њамин хабар мардони мусаллањ гуногунмиллатанд: ќирѓизњо, тољикњо, узбакњо ва њатто доѓистониёну чеченњо. Пас њадаф њамон ноамнсозии минтаќа ва ќабл аз њама Тољикистон аст. "ХУДАТОН РОЊАШРО ЁБЕД, БАЧАЊО ..." Владимир Жарихин, як сиёсатшинос ва тањлилгари рус ва љони-

e mail: info@ruzgor.tj

шини директори Пажуњишгоњи кишварњои ИДМ ахиран дар маќолае тањлиле, ки тањти унвони "Вазъ дар Осиёи Марказї дар оянда низ муташанниљ боќї хоњад монд" интишор дод, аз як конфронси Олмон њикоят мекард, ки дурнамои њузур ва хуруљи нерўњои хориљї аз Афѓонистонро мавриди бањсу баррасї ќарор додааст. Ба навиштаи муаллиф мавзўъи мењварии нишаст "Осиёи Марказї баъди соли 2014" будааст. Дар доираи он нишаст бо намояндагони Конгресси ИМА, Департаменти давлатї ва шўрои амнияти миллии ин кишвар мулоќот баргузор шудааст. "Намояндагони Осиёи Марказї, бахусус Тољикистон савол доданд: агар бесуботие, ки яќинан баъди хуруљи шумо омаданист, ба кишварњои мо гузарад, оё шумо метавонед кўмак кунед? Намояндагони маъмурияти ИМА посух доданд, ки "на". Ва маънои суханонашон ин буд: "Худатон роњаша ёбед, бачањо". Вале гуфтанд: "Мо нерўњои худро хориљ мекунем, аммо бурун намеравем". Мантиќ низ ба њамин далолат мекунад. Хориљиён билохира аз

ruzgor@mail.ru

боќї мондан барои кишварњои Осиёи Марказї њамроњ бо хатари амниятист. Рўйдодњои кишварњои арабї нишон доданд, ки барои сиёсатњои амрикої дўсти њамешагї вуљуд надорад. Онњо метавонанд бо кишварњо ба хотири манфиатњои худ дўст бошанд. Вале режимњоро метавонанд осон бифрўшанд ва таѓйир дињанд. Мисоли ин сарнавишти Њуснї Муборак ва баъдан Муњаммад Мурсї дар Миср аст. То ба имрўз аз касе пўшида нест, ки шояд миёни давлатњои арабии минтаќа худфурўхтатар аз Муборак барои Амрико кас набуд, вале чун мардум ба по хест, аз бањраш гузашт ва њатто нерўеро, ки замоне террористаш унвон карда буд, ба дўстї пазируфт. МУБОРАКУ МУРСЇ ВА БИН АЛИВУ КАРИМОВ Бо гузашти каме бештар аз як сол боз њам дар ќиболи Миср дидгоњњояш таѓйир хурданд. Вашингтоне, ки замоне пирўзии инќилоби Мисрро шодбош мегуфт ва тањаммулпазирона аз сари ќудрат омадани "Бародарони мусалмон" истиќбол мекард, табаддулоти

даанд. Вале коре, ки Ислом Каримов мекунад, дигар аст. Русситезии диктатори Тошканд борњо сиёсатњои амрикоиро мунљар ба таѓйир кардааст. Гоње миёни Вашингтону Тошканд ситези сиёсї ба мушоњида расидааст ва гоњи дигар дўстие, ки оќибати он пешгўї намешавад. Магар намерасад рўзе, ки ба муљарради бурузи як ноамнї боз њамин Амрико чун Њуснї Мубораки мисриву бин Алии тунисї Ислом Каримовро низ ќурбонии сиёсат кунад? Агар гузаштаи ин ду њокими худкомаи арабї дар мадди назар гирифта шавад, пас ин яќин аст. Ва тањлилгар Жарихин дар хотимаи тањлили худ менавишт: "Магар ин афѓоникунонии тамоми Осиёи Марказї нахоњад буд? Он њолате пеш нахоњад омад, ки дар байни пойгоњи низомии амрикої фармондењони сањрої гаштугузор кунанд ва њукуматодорони Осиёи Марказї низ чун њукумати Карзай 20 км дуртар аз пойтахтро назорат карда натавонанд? Ин он чизест, ки роњбарони Осиёи Марказї намехоњанд бубинанд".


www.ruzgor.tj

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Тољикон дар маќоми сарварї ПАЗИРОИИ АЊМАДШОЊИ МАСЪУД АЗ МУЊОЉИРОНИ ТОЉИК Даргирињои мусаллањона дар љануби Тољикистон охири соли 1992 то ба њаде расиданд, ки як ќисмати ањолї ба хотири њифзи љони худ ва ањли хонавода маљбур ба убури марз шуда ба ДИА паноњанда гардиданд. Аз даќиќањои аввали паноњанда шудан мардуми љон ба саломат бурдаи тољик мавриди пазироии самимонаи муљоњиддин ва махсусан мардуми мењмоннавози навоњии сарњадии Афѓонистон, ки асосан тањти нуфузи Масъуд ќарор доштанд, гардиданд. Беш аз сад њазор нафар муњољири тољик, ки аксаран дасти холї аз хонањои худ фирор карда буданд, дар шароити зимистони сарди соли 1992-93 дар як муддати кўтоњ бо љои истиќомат, кўрпаву болишту кампал ва то расидани кўмаки СММ бо хўр��ка низ таъмин гардиданд.

зири амнияти Љумњурии Тољикистон Сайидамир Зуњуров рў ба рў мулоќот накард, сидќан идома дод. НАХУСТИН ДИДОРБИНИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БО АЊМАДШОЊИ МАСЪУД Ин дидорбинї дар љараёни як сафари расмии сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Афѓонистон, ки аз 28 то 30 августи соли 1993 дар Кобул ба вуќўъ пайваст, сурат гирифт. Дар рафти ин сафар Эмомалї Рањмон дар баробари чанд сўњбати пурмазмун бо Раиси Љумњури ДИА профессор Бурњониддин Раббонї доштан дар якљоягї бо вазири амнияти кишвараш Сайидамир Зуњуров боз як мулоќоти хеле пурмўњта-

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

7

зананд. Аз Шумо низ эњтиромона хоњиш мекунам, ки ќазияи Тољикистон- ин хонаи умеди њамаи мо тољиконро бо роњи гуфтушунид њаллу фасл кунед". Ањмадшоњи Масъуд дар ин мулоќот њамон суханњоеро мегуфт, ки роњбарони Тољикистон интизори шуниданашон буданд. Њамин буд, ки дар анљоми ин сафар "Баёнияи муштараки сарварони Љумњурии Тољикистон ва давлати Исломии Афѓонистон аз 30-августи соли 1993" ба имзо расид. Дар њамин баёния аз љумла омадааст, ки "љонибњо бар ин назаранд, ки барои њалли ќазияи Тољикистон ба роњ мондани муколима бо нирўњои сиёсии тамоюли мухталифдошта омили асосї ба њисоб меравад. Љонибњо наќши СММ-ро дар њалли ин масъала мусбат ва созанда арзёбї карданд.

ТОЉИКИСТОН ВА АЊМАДШОЊИ МАСЪУД Султони Њамад, «Рўзгор» Ањмадшоњи Масъуд шахсан худаш дар рўзњои аввали паноњанда шудани муњољирин аз љойи зисти онњо дар шањри Ќундуз ва дењоти атрофи он дидан карда, ба онњо кўмакњои заруриро расонд. Масалан, дар рўзњои аввали январи соли 1993 ў бо як гурўњ фармондењони ин минтаќа ба назди муњољирини мустаќар дар кампи Майдони Њавоии Ќундуз (собиќ шањрчаи низомиёни советї) омада, ба муњољирине, ки дар хаймањову дар казармањои бедару тирезаи аз сарбозони шўравї боќимонда, зиндагї мекарданд, барои гарм кардани манзилњояшон бухорї (печка) кўмак кард. Яъне ў то омадан ба назди муњољирин, аллакай медонист, ки дар фалон кампи муњољирини тољик фалон адад бухорї намерасад ва ё бо мушкилоти дигаре мувољењ њастанд. Масъуд дар њамон зимистони сарди 1993 бо ташрифи худ ба назди муњољирин на танњо гармї ба манзилњояшон меовард, балки як шўълаи умедеро ба оянда низ дар дилњои онњо фурўзон мекард. Баъди ба Афѓонистон омадани роњбарони мухолифони њукумати Тољикистон Ањмадшоњи Масъуд кўмакњои худро асосан тавассути онњо анљом медод. Бо тавсияи ў ва профессор устод Бурњониддин Раббонї, ки Раиси Љумњури ДИА ба њисоб мерафт, роњбарияти мухолифин, ки акнун тањти парчами танзими навЊаракати Нањзати Исломии Тољикистон ба фаъолияти сиёсиву низомии худ дар кишвари бегона идома медоданд, бо номи Кумитаи Муњољирин нињодеро созмон доданд, ки ба тамоми мушкилоти фирориёни тољик расидагї мекард. КЎМАКИ МАСЪУД БА РАЗМАНДАГОНИ МУХОЛИФИНИ ТОЉИК Агар бигўем, ки Ањмадшоњи Масъуд танњо ба фирориёни тољик кўмак мекарду ба гурўњњои мусаллањи мухолифони њукумати Тољикистон, ки дар хоки Афѓонистон буданд, ёрї намерасонд, мо ќариб, ки њељ чиз нагуфтаем ва ё аз гуфтани њаќиќат сарфи назар намудаем. Махсусан, дар даврањои аввали ба давлати Афѓонистон паноњанда шудани муњољирин ва размандањои мухолифини њукумати Тољикистон Ањмадшоњи Масъуд бино ба даъватњои мукаррари роњбарони оппозитсиюн ба гурўњњои мусаллањи онњо на танњо силоњу муњимот медод, балки онњоро бо ќароргоњњо, хўрока ва бо пўшока таъмин мекард. Њатто ќароргоњи машњури худ "Операсиюн" дар Толуќонро, ки наќшањои зафаровари ў дар љанги зидди Артиши шўравї ахиран мањз дар њамин љо тарњрезї мешуданд, ба ихтиёри рањбари мухолифин устод Сайид Абдуллоњи Нурї (Худованд љояшро љаннат бигардонад) дод. Ду тамрингоњи хеле муљљањаз ва машњури муљоњиддинашро дар манотиќи Фархор ва Бањорак низ чанд муддат ба ихтиёри размандањои ЊНИТ вогузор карда буд. Албатта ин њама корњоро Ањмадшоњ бо ду далел мекард. Пеш аз он ба он хотир, ки ў аз ќазияи Тољикистон њанўз ба таври бояду шояд иттилоъ надошт. Яъне, манбаи хабарии ў дар бораи вазъи Тољикистон ва њаводиси

он асосан њамин роњбарони мухолифин буданд. Албатта дар байни роњбарони мухолифин буданд нафароне, ки вазъияти сиёсї- иљтимої ва низомии Тољикистонро чандон амиќ ва объективона арзёбї карда наметавонистанд. Чунин арзёбї агар як сў ба хотири надоштани иттилооти даќиќ рух медода бошад, аз сўи дигар ба иллати бадбинии њукумати Тољикистон ва нафароне, ки дар ин њукумат фаъолият доштанд, сурат мегирифт. Аз сўи дигар агар Ањмадшоњ ба размандагони муљоњиддин кўмак наменамуд, ин гурўњњо њатман чунин кўмакро аз раќибони Ањмадшоњ дарёфт мекарданд. Ва он гоњ аз зери назорати ў хориљ шуда, ба тањти нуфузи дигар ќумандонњои љињодї, маъмулан раќибони ў, дохил мешуданд. Ањмадшоњи Масъуд хавфи онро медид, ки дар оянда раќибонаш њамин фирориёни тољикистониро ба муќобили худи ў метавонанд истифода баранд. Ба њамин хотир ў ба нерўњои мусаллањи мухолифин кўмакњои низомї мекард. Чунин кўмакњоро Ањмадшоњи Масъуд то он замоне, ки худаш шахсан бо роњбарони њукумати Тољикистон, Раиси Шўрои Олии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва ва-

Ў

вое бо Ањмадшоњи Масъуд доир кард, ки он ќариб шаш соат тўл кашид. Чї навъе ки дар сўњбат бо мо яке аз ширкаткунандагони ин дидорбинии таърихї Сайидамир Зуњуров наќл карданд, дар ин мулоќот сухан асосан аз боби баргардондани муњољирин ва расидан ба сулњи пойдор ва сартосарї дар Тољикистон рафтааст. Ањмадшоњи Масъуд такрор ба такрор таъкид намудааст, ки "нагузоред љанги Тољикистон ба дарозо бикашад ва Худое нахоста он ба љанги чирикї табдил ёбад. Љанги чирикї кишварро ба харобї ва мардуми онро ба ќашшоќї рў ба рў хоњад кард. Дар ин иртибот ў аз таљрибаи муборизањои худ чунин мисол овардааст: "Солњое, ки зидди режими Кобул љанг мекардам, ба яке аз зердастонам 10 њазор афѓонї додам, ки комбинати масолењи сохтмонии Кобулро битарконад. Имрўз ман ба њайси яке аз роњбарони ин кишвар њатто ба маблаѓи 6 миллион доллар наметавонам он корхонаро барќарор намоям. Ман аз роњбарони мухолифини њукумати шумо дар сўњбатњоям њамеша даъват ба амал меорам, ки ќазияро бо роњи мусолиматомез њаллу фасл кунанд, ба хусус даст ба амалњои вайронкориву террористї на-

то омадан ба назди муњољирин, аллакай медонист, ки дар фалон кампи муњољирини тољик фалон адад бухорї намерасад ва ё бо мушкилоти дигаре мувољењ њастанд. Масъуд дар њамон зимистони сарди 1993 бо ташрифи худ ба назди муњољирин на танњо гармї ба манзилњояшон меовард, балки як шўълаи умедеро ба оянда низ дар дилњои онњо фурўзон мекард. Баъди ба Афѓонистон омадани роњбарони мухолифони њукумати Тољикистон Ањмадшоњи Масъуд кўмакњои худро асосан тавассути онњо анљом медод. ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

Њарду тараф ба маќсад мувофиќ донистанд, ки як комиссиюни сељониба бо ширкати намояндагони ДИА, ЉТ ва Раёсати комиссиариати Олии СММ оиди паноњандагон лоињаи Созишномаи бозгашти ихтиёрии гурезагони тољикро аз хоки Афѓонистон ба Тољикистон тањия намуда, ба тасвиб бирасонанд". Агар ба назар бигирем, ки тахминан њамагї як моњ пеш, баъди њамлаи размандагони мухолифин болои пустаи 12-уми марзбонони Русия сарвазири њукумати Тољикистон Абдумалик Абдуллољонов дар як мусоњибааш ба телевизиони Русия гуфта буд, ки "њукумати мо бо мухолифине, ки дастонашон то оринљ дар хун тар шудаанд, музокира намекунад" ин баёнияи муштарак як љањише дар ин самт буд. Дар љои дигари њамин баёнияи муштараки сарони Тољикистону Афѓонистон таъкид шудааст, ки "љонибњо ба принсипњои ба муќобили њамдигар истифода набурдани нерў ва иштирок накардан дар амалњои душманонаи зидди якдигар пойбанд буда, кўшиш мекунад, масъалањои бањснокро бо роњњои мусолиматомез њаллу фасл менамоянд. Љумњурии Тољикистон ва ДИА изњори омодагї карданд, ки чорањои зарурии муштаракро алайњи терроризми байналмилалї, ќочоќи силоњ ва маводи мухаддир ва фурўши ѓайриќонунии он хоњанд гирифт". Эмомалї Рањмон нахустин роњбари як кишвари соњибистиќлоли љањон буд, ки ба Давлати Исломии Афѓонистон сафари расмї анљом дод ва дар рафти ин сафар бо роњбарони ин кишвар дар масъалаи муборизаи муштарак бурдан бо терроризми байналмилалї ба тавофуќ расид. Басо рамзист, ки ду кишвари њамсояе, ки дар њоли љанги дохилї буданд, дар нахустин санади муштараки хеш дар байни дигар масоили дуљониба масъалаи мубориза алайњи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштанд. Идома дорад

www.ruzgor.tj


8

Рози зиндагї

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

Шеъри Мањтоб содда аст, аммо соддаи пур аз њузну сурур, пур аз мураккабињои зиндагии пуртазод ва дилнишин. Гулрухсор, сарсухан ба китоби «Барги сабз», Душанбе, нашриёти «Адиб», соли 1987

КЎЛОБ БЕ

Бобољони Шафеъ, «Рўзгор» Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рўзгори бонуи сухан Мањтоби Зокир. Оне, ки умре порсо зист, оддї ва миёни анбўњи мардум танњо зист. Ва бо њамин танњої аз ин олам бирафт. Бо дардњо, бо ѓуссањо ва бо сад алам ва захмњо дар ќалби њассосаш бирафт. Дарди бедавои ў њамин ишќи номуродаш буд ва њама дардњову ранљњои дигар гирди ин давр мезаданд. Ба масали моњу ситорагон, ки дар мењвари як офтоби сўзанда давр мезаданд. Аммо ин ишќи сўзон билохира худи ўро дар кураи оташ сўзонд. Аз хотираи духтархондаш Парвина: -Ўро надидї? -Ќабл аз аёдати Шумо дидам (ба таскини дили бемораш дурўѓ мегуфтам). -Маро напурсид, -меафзуд ў. -Пурсид ва њатто хоњиши кўмак њам кард, агар розї бошед, - мегуфтам Мањтовбиро. Ў хуб медонист, ки њама гуфтори нишотоварандае аз забони ман «љуз дурўѓи маслињатомез» чизи дигаре нест, вале шод мегашту сухан мечид: -Рўзи дидор њатман мерасад, ки гуфтаанд: Рўзи васли ошиќи бечора дур уфтодааст, Дар ќиёмат мекунад Маљнун ба Лайло зиндагї”. Ин хотирапора гувоњ аст, ки Мањтоб то охирин лањзањои умр вуруди мањбуби дилашро ба кулбаи бемориаш мунтазир буд. Вале ў наёмад. Ва худи Мањтоб њам медонист, ки ин як интизории бењуда аст. Ў наметавонист баргардад. Касе, ки хонаву кошонаи нав сохт, ба кулбаи фаќиронаи зане, ки таркашро раво дида буд, барнамегардад. Ва Мањтоби нимбемор инро хуб медонист. Вале боз њам интизорї мекашид, зеро вай ба ишќ бовар дошт ва худ таронасарои њамин ишќи поку поянда буд. Хаёлпараст набуд, танњо ба њаќиќати зиндагонї бовар дошт, њарчанд боз њам медонист, ки арзишњое, ки дар пиндори ў њаќиќат номида мешуданд, дар ин љомеа дигар мавќеъ надоштанд. Мањтоб консепсияи њаќиќати худро дошт ва дар доираи њамон консепсия зиндагонї мекард. Дар он ишќ пок аст, инсонњо хиёнат намекунанд, мардону занон вафо ба ањду паймон доранд, Инсон мављуди озод аст, олам басо зебост, чун он аз нури маърифати

www.ruzgor.tj

њамин ишќ бунёд шудааст. Ва Мањтоб берун аз њамин пиндору њамин арзишњо наметавонист бизияд. Ва ваъдаи дидорро ба ќиёмат бурд, бо умеде азми сафари охират кард, ки ба дидори азизи дилаш бирасад. Лайливор ва бо умеди висол оламеро, ки пайваста дарди фироќро бояд кашад, тарк кард. Рафт, вале дарду доѓаш дар дили њампешагонаш, дўстонаш боќї монд. Баъд аз сари ў дар фироќаш дањњо шеър эљод шуд ва чун фотењаи вопасин сари гўри Лайлии сонї фурў рехт. РУЉУЪИ АВВАЛ «Камнавис буд Мањтоб. Шеърњояш олї буданд. Суфтаву равон, пурмаънї ва хеле зуд метавонистанд аз бар карда шаванд. Зиндагиро басо дўст медошт. Нигоњаш саршор аз мењру садоќат буд. Намехост касеро бад гўяд, забонаш ба њарфи бад намерафт. Ёд дорам, ки боре барои кор дар шўъбаи адабиёти рўзномаи вилоятии “Роњи ленинї” њидоят шуда буд ва дар утоќии кории ман, ки мудири њамин шўъба будам, менишаст. Як ањли њунар ва ѓижжакнавози варзида, ки машќи шеър њам мекард (номашро намегирам, ки пайвандонаш наранљанд), наздам омад ва гуфт, ки ба солгарди таъсиси СССР шеъре навиштааст ва онро дар газет чоп кунем. Шеърро хондам, се ё чор мисраи он сакта дошт, бар замми ин тањрири маъно њам мехост. Гуфтам, ки шеърат хуб асту бояд ин мисрањоро тањрир кунї, то боз њам хубтар шавад. Гуфт, ки худат тањрир кун. Ман гуфтам агар ман тањрир мекунам, пас ин шеъри ман мешавад, зеро ман биниши худро менависам. Пас ин корро худат бояд кунї. Бањсамон боло гирифт. Мард дар ќањр шуд ва билохира коѓазро пора-пора карду лаънатгўён бо њамон асабоният тарки утоќи корї кард. Мањтоб аз љояш боло шуд ва гуфт, ки њоло њидоят шуда буд, ки дар ин шўъба кор кунад, вале мебинад, ки наметавонад. Пурсидам, ки чаро? Гуфт, агар њар шоиру навшоир ин гуна муносибат кунад, ман наметаво-

e mail: info@ruzgor.tj

нам бардошт кунам. Гуфтам, на, аслан чунин њам нест, вале агар рафту касе бањс кунад, бо ман мекунад. Ту бидуни истињола биё ва кор кун. Рад кард, Мањтоб рафту дигар наёмад. Яъне, вай касеро ранљонида наметавонист, наметавонист, ки касе бо коре наздаш ояду норозї равад. Ва пай бурда буд, ки дар шўъбаи адабиёт њар гоњу ногоњ чунин бањсњое мешаванд, ки метавонанд барои ў ноњинљор бошанд. Бале, чунин як Мањтобе буд. Рафт, аммо шеърњояш ногуфта монданд, хеле зиёд мехост бигўяду бинвисад, вале умр вафо накард...”. Сафар Аюбзодаи Мањзун, шоир МО ВА ДУ ДАРДИ МАЊТОБ Ман ўро аслан намешинохтам. Дар гузашта агар шеърашро дар ягон нашрия њам хонда бошам, вале худашро њаргиз надидаам. Танњо аксаш њоло пеши ман аст ва маљмўъаи электронии китоби ашъораш. Шеърњои саропо дардолуд, сурадањои шигифтангез. Дарди як зане, ки аз муроду номуродї навиштааст, дарде, ки илољи давои он пайдо нашуда ва бо њамин пойи ўро аз олами фано кандаву ба дунёи баќо бурдааст. Аммо дар ашъораш ман ду дардро дидаму мушоњида кардам: яке дарди ишќ, ки номуродї дунболгираш будааст ва дигар дарди љисмаш, ки тадриљан тани ўро абгор кардаву дар тозабањори зиндагонї, дар айёме, ки бояд њоло шеърашро мегуфту менавишт, дар њоле, ки мурдан барояш хеле бармањал буд, аз олами мо бурдааст. Аммо ин ду дард тавъам буданд. Дарди ишќ ўро бештар аз дарди љисм абгор карда буд ва шояд як иллати маризиаш њамин нокомї дар зиндагї ва зиндаљудоии абадї аз шахсе буд, ки баробар бо љони ширинаш дўсташ медошт ва танњо ба иллати бефарзандї аз њам људо шуда буданд. Њарчанд кўшид, натавонист он риштаи муњаббатро бо каси дигар васл кунад. Бо дарди њамон ошиќаш зист. Хаёлан бо ў худро тасаввур кард, ўро њамдами розњояш намуд. Ва ў, то охири умр њамон ишќашро азиз шумурд

ruzgor@mail.ru

ва ошиќашро ба ќањрамони њама шеърњои лирикии худ табдил дод. БИЁ, КИ ИНТИЗОРИ ТУСТ МАЊТОБ Мањтоби озода паси љустуљўи персонаж нагашт. Ошиќи ќадима њамеша ва ќадам ба ќадам бо ў буд. Лањзае њам ўро дур аз худ надид. Њарчанд намедонист ў чї эњсосе баъди људої аз ин бонуи њунар дошт. Вале барои Мањтоб ин чандон муњим набуд. Муњим он буд, ки чењраи гарми ошиќ њамеша пеши назараш бошад, хиёнаташро хиёнат напиндорад, балки рафтанаш њарчанд њамешагї буд, вале дар ашъори Мањтоб рамзи рафтану баргаштан дошт. Тохтї сўям дами раќсиданам, Дастњо бар гарданам андохтї. “Не намегардам дигар аз ту људо!” Оќибат гўё маро бишнохтї. Ин хоби ўст. Дар хоб дид, ки ошиќаш, оне, ки сахт дўсташ медошт, оне, ки орзуи дилаш ва муроди ќалбаш буд, ёри нав гирифтааст. Мањтоб њаќиќатро дар хоб дид, вале дар хоб њам ба ин њаќиќат бовар накард ва он ошиќи зор чуноне дар бедорї инро дар тасаввури шоиронааш ѓунљонида буд, дар хоб ба наздаш баргашт ва гуфт: “Не, намегардам аз ту људо...”. Мањтоб њамин ѓояи бозгашти ошиќ ба назди маъшуќро дар дил мепарварид ва худро бо њамин орзуи амалинашаванда аз шарру шури ишќњои нопойдор ва њавасњои парешон дур нигањ медошт. Вай бовар дошт, ки ин кор, яъне бозгашти ошиќ як орзуи амалинашавандаест, вале намехост он бовар ва он андеша њаќиќат дошта бошад. Мехост ў баргардад, аќалан ба олами тахайюлоти рангини шоиронаи ў баргардад. Зи нури офтоби оламоро, Њама яхњои бомат мешавад об. Чу яхњои дили ту об гардад, Биё, ки интизори туст Мањтоб


Рози зиндагї Ва боз бовар дорад, ки акнун ин људої барояшон абадист, њамешагист ва гоње иќрор мешавад, ки дигар висол бо ошиќ имкон надорад ва мегўяд, ки ў рафтаву Мањтоб дар Кўлоб монда: РУЉУЪИ ДУЮМ Мањтобро дар Кўлоб њама дўст медоштанд. Инсон бо тамоми маънияш буд. Тамоми хислатњои бењтарини инсониро дошт. Мањфилњои мо аксаран дар хонаи ў мегузаштанд ва мо маъмулан соати 7-и бегоњ мањфил меоростем ва то дили шаб идома мекард. Њар шеърро тањлил мекардем. Њам одаму одамгарї ва њам шеъраш хуб буд. Чењрааш њаргиз аз пеши назар намеравад. Надидам, ки бо садои баланд сўњбат карда бошад. Вай худ аз фаъолтарин шахсон дар мањфили мо буд. Нек буд ва ба њама некї мекард. Номаш ба худаш монанд буд. Мисли Мањтоби осмонї рўи гирду зардина дошт. Мисли њамон мањтоб торикињои зиндагии моро рушан мекард, ба назарам њама љое ки ў буд, атроф аз нури рўяш рушан буд. Шеъраш аз назари ман хеле шеъри баланд буд. Маънирас буд ва њар мисрааш бори маънї мекашид”. Хайрандеш, шоир “ТАНЊО НАЯМ, МАН БУ ТУАМ...” Замони љанги њамватанї барои Мањтоб низ як замони саршор аз мушкилоти зиндагонї буд. Мањз дар њамин давра танаш аз дард ранљур гашт, вуљудашро беморие, ки тадриљан пояшро ба бистари марг кашид,

www.ruzgor.tj

фаро гирифт. Дар њамин айём буд, ки шеърњояш бўи шиква аз замон мекарданд, вай бори аввал ноумедї аз зиндагиро дар ќолаби мисрањои ноб аз танури дилаш берун рехт. Вай бори аввал эњсос кард, ки замона бемуруват ва мардум ба якдигар бемуњаббат шудаанд. Вай эњсос кард, ки замонаи дигар фаро расидааст, ки арзишњои инсониро мехўрад, муњаббат тўъмаи бемењрї шудааст. Ва њељ замоне ин гуна рўњафтода набуд, ки гўяд: Фозилонро ѓамгусоре нест, Љоњилонро бахт ѓамхор аст. Ва тири ѓосибонаи бемењриву беилтифотї ўро њам ба нишон гирифт, вай пайваста аз ину он мењру вафо љусту наёфт ва як хастањолии рўњї ўро фаро гирифт ва суруд: Ман, ки бо морон напайвастам, Ќалби ман пайваста бемор аст. Бо Ватан пурдард Мањтоб, Беватан пурдард Бозор аст. Бо вуљуди ин њама озорњо ва шикастагињои рўњї вай иќрор намешавад, ки дар анбуњи мушкилоти зиндагї тани танњост. Дар як шеъри хеле соддаву равон ва саршор аз муњаббати инсонї дунёи дили танњои худро хулоса мекунад ва мегўяд: “Танњо наям, ман бо туам...”. Шоираи бедордил шабона азми сафари олами афсонањои љавонии худ мекунад ва њар куљо, ки хаёлаш ба парвоз меояд, гоњ ба моњу гоњ ба ситора мепарад ва гоњи дигар ба Замин менишинад, боз њам ўро дар пањлуи худ мебинад. Ва Мањтобе, ки аз њама рамзњои зиндагї танњо хушињои рўзгорро

интизор буд, наметавонист рози танњо будани худро ифшо созад. На, ў на танњост, балки мањбуби дилаш њамоно бо ўст: Њар шаб нигоњи мову ту Печад ба ављи осмон, Аз чашми ман то чашми ту, Роњи сафеди Кањкашон, Аз хонаам то хонаат Дунёи ишќу ормон, Њарчанд бо ман нестї Сад шукр дар рўйи љахон Танњо наям, ман бо туам. «ДЎСТАМ МУЊАММАД ЃОИБ! ИМРЎЗ ЉОНИ ЉАВОНИ МАН БАЙНИ МАРГУ ЗИНДАГЇ АВЛОНЉ МЕХЎРАД...”

Яъсу ноумедї барои Мањтоб бегона буд. В��й мекўшид дар њама њолат умедвори лутфи Илоњї бошад, ки ба висол мерасад. Висол барои Мањтоб рањої аз њама ранљи олами њастї ба шумор меомад. Аз ин рў интизор он рўз буд, он рўзе, ки дар олами пиндорњояш омаданї ва шуданї. Аммо чун танаш ранљуру нотавон шуд ва дар ба дари табибон гашту илољи бемориашро наёфтанд, дар бемористон аз ифшои асрори маризии ў лол монданд, тадриљан бўи ноумедї ба машомаш расид. Рўзноманигор ва овозхони шинохта Зиёвиддини Нурзод менависад: “Ба номаи коѓазњояш зардшуда чашм давондам. Мањтоб навишта буд: “Акнун яъсу ноумедї маро фаро гирифтааст. Шабњои дарози фикру андешаву бехобї сар шуд. Чї бояд кард?

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

9

сњои тиббї ба хулоса омад, ки Мањтоб гирифтори бемории саратон аст. Оби сард ба сари њама бастагонаш рехт, гиря гулугирашон кард, ваќте Тураќулов гуфт, ки ба маркази саратоншиносї баранд. Бурданд ва њамин ташхис тайид шуд. Аммо аллакай дер шуда буд. Њатто амали љарроњї њам натавонист дарду ранљи ўро кам кунад. РУЉУЪИ СЕЮМ «Замоне, ки аз мо рафтї, сардињои зимистон буд. То дами иншои ин гуфтањо табиат аз райъаш намегардад. Њамоно сард асту сард. Ё шояд дили ман аз зиндагї сард гаштааст? Худоё! Мањтоб, боварам намеояд, ки бо мо нестї. Охир дирўз буд, ки дар мањфил як шеъракатро ќироат кардї. Њарчанд аз њар мисраи он бўи навмедиву рўњафтодагиат меомад, вале ба ин зудї аз миёни дўстон рафтанатро дарак намедод. Ањли дард атрофи шамъи шеъри мањфили Хайрандеш турову гуфтањоятро бо дард ёд мекунем...» Сўњробшоњи Фаррухшоњ, рўзноманигор ВАСИЯТ БА МАЊБУБ: “МАЊТОБИ ИНТИЗОРИ ТУ БУДАМ НАЁМАДЇ..” Ва охирин васияташ њам аз ишќаш буд. Вай натавонист њатто баъде донист, ки акнун ѓайр аз мурдан чора нест, ишќашро, ошиќашро фаромўш кунад. Вай бо њамон ихлосу њамон муњаббат барояш

МАЊТОБ МОНД... Ѓаму ѓуссаи зиёд маро ба бистари беморї афканд. Худо медонад, ки аз ин дарди ќаттол рањої меёбам ё на? Вале дилам месўзад. Барои худам на, барои шеърњои ятимам…” Вале Мањтобро сўхтанињои дигар њам буданд. Сарнавишти ду тифлаке, ки ба умед калонашон мекард, наметавонист нигаронаш накунад. Духтархондаш мегўяд борњо мегуфт, ки ман агар мирам, њоли инњо чї мешавад. “Ман бояд зинда бимонам, ман бояд ин ду танро калон кунам”. Баъди људої аз шавњар, ки иллати он бефарзандї буд, Мањтоб дунболи хонаободї бо марди дигар нашуд, балки Нодираи хурдакакро аз ятимхона ва Зайдуллописари бародараш Намозалиро гирифт ва калон кард. Ва орзу дошт тўи хонадории ин ду танро бо чашмонаш бубинад. Вале њайњот, ки ин муяссараш нагашт. Дарди љонкоњ вуљудашро хаставу нотавон мекард, тани ранљураш дигар тавони бардошти дардро надошт. Тадриљан ин њама хастагиву нотавонї рўњану љисман ўро шикаста мекард. Ва ба дўсти шоираш Муњаммад Ѓоиб номае навишта буд, ки бо ин љумлањо оѓоз мешуданд: “Дўстам Муњаммад Ѓоиб, салом. Имрўз љони љавони ман байни маргу зиндагї авлонљ мехўрад...” Духтархонадаш Парвина дигар ёд надорад Мањтоб ба Муњаммад Ѓоиб боз чї менавишт, чун ёрои он надошт, ки ба љуз ин ду љумла ба идомаи мактуб чашм давонад. Яќинан дар ин нома вай аз њолу ањволаш ба дўсти шоираш менавишт. Ва ин гуна ноумедињо пайваста ўро фаро мегирифтанд. Ба назар мерасид аз паёмади мудњиш ва аз поёни умри љавонаш дар ин олами пир овое шунида буд. Табибон бо њар ташхис ўро аз даре ба дари дигар мефиристоданд. Аммо касе наметавонист дуруст ва мушаххас дарди ўро ташхис кунад. Танњо дар бемористони шањраки тиббї доктори соњибтаљриба Абдурауф Тураќулов баъди муоинаи чашмонаш ва аз назар гузаронидани ташхи-

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

охирин шеърашро навишт ва ба духтархондаш васият кард: “Шояд як рўзаке паймонаи умри ман пур шаваду набошам, ин амонаташро ба дасташ бисупор, њатман бисупор, бигзор бидонад, ки танњо Мањтоби шабистони ў будам: Имрўз интизори ту будам, наёмадї, Безори хешу зори ту будам, наёмадї. Биншаста дар канори ѓаму њасрати зиёд, Дар њасрати канори ту будам, наёмадї. Бе ту бањори умри маро рангу бў намонд, Хушрангу бў бањори ту будам, наёмадї. Хуршеди рўшани кї будї, моњи шоми кї? Мањтоби интизори ту будам, наёмадї. Бо њамин њасрат дар як рўзи сарди зимистон, дар шањри дўстдоштааш Кўлоби барфпўш дида аз олам барбаст ва ташнагони ашъору ошиќони шеърњои дилошўбашро њасратї кард. Рафтани ў рафтани абадї, сафари ў сафари бебозгашт буд. Издињоми мотамї дўстдоштатарин фарзанди ин шањри ќадимиро зери нањваи азизони пайвандонаш ба хок супурд. Аз резиши барфи нав ќабри ўро сафедии абадї фаро гирифт ва гўё баробар ба навњаи пайвандону дўстон месуруд: Замин дар зери бори барф хомўш, Нафас гирад ба умеди бањорон. Дили аз сардињои ту ѓаминам, Зи ту дорад умеди лутфу эњсон. Ва шояд дар њамон лањзањои љонсўз буд, ки Нуруллоњи Ориф мисраъњои ўро ёд кард, вале навишт, на ки Мањтоб дар Кўлоб монд, балки Кўлоб бе Мањтоб монд: Дар шеъраке худ гуфта буд, "Мањтоб дар Кўлоб монд". Њайфо, ки ўро чашм хўрд, Кўлоб бе Мањтоб монд.

www.ruzgor.tj


10

Андарзи рўзгор

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и

Аттори Нишопурї (Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Тањияи Саидмурод Шарифов, "Рўзгор" САЊЛ БИННИ АБДУЛЛОЊИ ТУСТАРЇ Ва Сањл бинни Абдуллоњи Тустарї гуфт: усули мо шаш чиз аст: тамассук ба китоби Худой; ва иќтидо ба суннати Расул (с); ва њалол хўрдан ва боздоштани даст аз ранљонидани халќ ва агар чи туро биранљонанд; ва дур будан аз маноњї (нањй кардашуда) ва таъљил кардан ба гузоридани њуќуќ. *** Ва гуфт: бузургтарин маќомот он аст, ки хуйи бади хеш ба хуйи нек бадал кунї. *** Ва гуфт: одамиёнро ду чиз њалок гардонад; талаби изз ва хавфи дарвешї. *** Ва гуфт: Њељ маъсият азимтар аз љањл нест. *** Ва гуфт: панљ чиз аз гавњари нафс (рўњ, љон) аст: дарвеше, ки тавонгарї намояд; ва гуруснае ки серї намояд; ва андўњгине, ки шодї намояд; ва марде, ки вайро бо касе душманї бошад ва дўстї намояд ва марде, ки ба шаб намоз кунад ва ба рўз рўза дорад ва ќувват намояд аз худ. *** Ва гуфт: бўи сидќ наёбад њар кї мудоњанат (чоплусї, дурўягї) кунад ѓайри худро ва мудоњанат бо худ риё бувад. *** Ва гуфт: Худойро дар њар рўзе ва њар соате ва њар шабе атоњост ва бузургтаринаш он аст, ки зикри хеш туро илњом кунад. *** Ва гуфт: њељ рўз нагзарад, ки на Њаќ таъоло нидо кунад, ки бандаи ман, инсоф намедињї, туро ёд мекунам ва ту Маро фаромуш мекунї, туро ба худ мехонам ва ту ба даргоњи касе дигар меравї ва Ман балоњоро аз ту боз медорам ва ту бар гуноњ мўътакиф мебошї. Ё фарзанди одам, фардо, ки ба ќиёмат њозир ойї, чї узр хоњї гуфт? *** Ва гуфт: сўфї он бувад, ки софї шавад аз кадир (тира, хира) ва пур шавад аз фикр ва дар ќурби Худой мунќатеъ шавад аз башар ва яксон шавад дар чашми ў хоку зар. *** Ва гуфт: хавф нар аст ва риљо мода ва фарзанди њарду имон аст. МАЪРУФИ КАРХЇ Ва Маъруфи Кархї гуфт: аломати авлиёи Худой се чиз аст: андешаи эшон аз Худой бувад; ва ќарори эшон бо Худой бувад ва шуѓли эшон дар Худой бувад. *** Ва гуфт: талаби бињишт бе амал гуноњ аст ва интизори шафоат бе нигоњ доштани суннат навъест аз ѓурур ва умед доштани рањмат дар нофармонбардорї љањл аст ва њамоќат. САРИИ САЌАТЇ Ва Сарии Саќатї гуфт: њар рўзе чанд карат дар ойинае бингарам, аз бими он ки набояд, ки аз шумии гуноњ рўям сиёњ шуда бошад. *** Ва гуфт: њар маъсият, ки аз сабаби шањват бувад, умед тавон дошт ба омурзиши он ва њар маъсият, ки он ба сабаби кибр бувад, умед натвон дошт ба омурзиши он. Зеро ки маъсияти иблис аз кибр буд ва зиллати (лаѓзиш, хато) одам аз шањват.

www.ruzgor.tj

*** Ва гуфт: адаб тарљумони дил аст. *** Ва гуфт: фањмкунандатарин халќ он бувад, ки фањм кунад асрори Ќуръон тадаббур (андеша, тафаккур) кунад дар он асрор. *** Њам ў гуфт: ориф он аст, ки хўрдани вай хўрдани беморон бувад ва хуфтани вай хуфтани моргазидагон бувад ва айши вай айши ѓарќашудагон бувад. *** Ва гуфт: дар баъзе кутуби мунзал (нозилшуда) навиштааст, Худованд фармуд: эй бандаи Ман! Чун зикри Ман бар ту ѓолиб шавад, Ман ошиќи ту шавам. Ва ишќ ин љо ба маънии муњаббат бувад. *** Наќл аст, ки Сарии Саќатї як рўз дар сабр сухан мегуфт. Каждуме чанд бор ўро захм зад. Охир гуфтанд: чаро ўро дафъ накардї? Гуфт: шарм доштам, чун дар сабр сухан мегуфтам. *** Њам ў гуфт: агар на он астї, ки Ту фармудайї, ки Маро ёд кун ба забон, вагарна ёд накардаме. Яъне, ту дар забон наѓунљї ва забоне, ки ба лањв олуда аст, ба зикри Ту чї гуна гушода гардонам? ФАТЊИ МАВСИЛЇ Ва Фатњи Мавсилї гуфт: ањли маърифат он ќавманд, ки чун сухан гўянд, аз Худой гўянд ва чун амал кунанд, барои Худой кунанд ва чун талаб кунанд, аз Худой талаб кунанд. АЊМАДИ ЊАВОРЇ Ва Ањмади Њаворї гуфт: фозилтарин гиристан гиристани банда бувад дар фавт шудани авќоте, ки на бар ваљњ буда бошад. АЊМАДИ ХАЗРАВИЯ Ва Ањмади Хазравия гуфт: њаќиќати маърифат он аст, ки дўст дорї Ўро ба дил ва ёд кунї Ўро ба забон ва њиммат бурида гардонї аз њар чи ѓайри Ўст. ЯЊЁИ МАЪОЗ Ва Яњёи Маъоз гуфт: њар кї шод шавад

e mail: info@ruzgor.tj

ба хидмати Худой азза ва љалл љумлаи ашё ба хидмати ў шод шавад ва њар киро чашм равшан бувад ба Худой, љумлаи ашё ба назар кардан дар ў равшан шавад. Ва гуфт: дур бош аз суњбати се ќавм: яке уламои ѓофил, дуввум, ќуррои мудоњин (фиребгар), саввум, мутасаввуфи љоњил. *** Ва гуфт: мард њаким набувад, то љамъ набувад дар ў се хислат: яке он ки ба чашми насињат дар тавонгарон нигарад, на ба чашми њасад, дуввум, он ки ба чашми шафќат дар занон нигарад, на ба чашми шањват, саввум он ки ба чашми тавозўъ дар дарвешон нигарад, на ба чашми такаббур. *** Ва гуфт: њар кї Худойро дўст дорад, нафсро душман дорад. *** Ва гуфт: аљаб дорам аз касе, ки парњез кунад аз таъом аз бими беморї, пас чаро парњез накунад аз гуноњ аз бими уќубат? *** Ва гуфт: карами Худой дар офаридани дўзах зоњиртар аст аз он ки дар офаридани бињишт. Аз бањри он ки њарчанд бињишт ваъда кардааст, агар бими дўзах набудї, як тан ба тоъат набошаде. *** Ва гуфт: дунё хамри шайтон аст. Њар ки аз он маст шуд, њар чиз ба хуш бознаояд, магар дар миёни лашкари Худойрўзи ќиёмат, дар надомат ва хусрон (зарар, зиён). *** Ва гуфт: эй Худовандони илму эътиќод! Ќасрњотон ќайсарї аст ва хонањотон кисравї аст ва иморатњотон шаддодї аст ва кибратон ъодї аст. Ин њамаашон њељ ањмадї нест. *** Ва гуфт: имон се чиз аст: хавф ва риљо ва муњаббат. Ва дар зимни хавф тарки гуноњ, то аз оташ наљот ёбї ва дар зимни риљо дар тоъат хавз (чуќур андешидан) кардан аст, то бињишт ёбї ва дар зимни муњаббат эњтимоли макруњот кардан аст, то ризои Њаќ ба њосил ояд. *** Ва гуфт: ориф он бувад, ки њељ дўсттар

ruzgor@mail.ru

аз зикри Худой надорад. Ва гуфт: тавњид нур аст ва ширк нор аст. Нури тавњид љумла сайиоти (кори бад, гуноњ) мувањњидонро бисузонад ва нори ширк љумла њасаноти мушриконро хокистар гардонад. *** Ва гуфт: зуњд се њарф аст: "зо" ва "њо" ва "дол". Аммо "зо" тарки зинат аст ва "њо" тарки њаво ва "дол" тарки дунё. АБУЊАФСИ ЊАДДОД Ва (Абуњафси Њаддод) гуфт: њар ки донад, ки ўро бархоњанд ангехт ва њисобаш хоњанд кард ва аз маъосї иљтиноб нанамояд, яќин аст аз сирри худ хабар медињад, ки ман имон надорам ба баъс (ќиёмат) ва њисоб. *** Ва гуфт: тасаввуф њама адаб аст. МАНСУРИ АММОР Наќл аст, ки Њорунаррашид ўро (Мансури Аммор дар назар аст) гуфт: аз ту саволе кунам ва се рўз мўњлат дињам дар љавоби он. Гуфт: бигўй. Гуфт: олимтарин халќ кист ва љоњилтарин халќ кист? Мансур бархост ва берун омад. Пас, њам аз роњ бозгашту гуфт: ё амиралмўъминин, љавоб бишнав! Олимтарин халќ мутеъи тарснок аст ва љоњилтарин халќ осии эмин аст. АБДУЛЛОЊИ ХУБАЙЌ Ва Абдуллоњи Хубайќ гуфт: нофеътарин хавфњо он бувад, ки андўњи туро доим кунад бар он чи фавт шудааст туро аз умр дар ѓафлат ва фикратро лозими ту гардонад дар баќияти умри ту. *** Ва гуфт: нофеътарин хавфњо он бувад, ки туро аз маъсият боздорад. *** Ва гуфт: риљо се гуна аст: марде бувад, ки некї кунад ва умед дорад, ки ќабул кунад; ва яке бувад зиштї кунад ва тавба кунад ва умед дорад, ки биёмурзанд; ва яке риљои козиб бувад, ки пайваста гуноњ мекунад ва умед медорад, ки Худой ўро биёмурзад.

(идома дорад)


Мољарои рўзгор

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

11

CЕЊРУ ЉОДУ-АМАЛИ ШАЙТОНЇ М

Бояд шумо донед, ки байни љодугар ва шайтон робитаи ќавї ва манфиати муштарак вуљуд дорад. Чї ќадаре ки љодугар бандагони Худовандро ба банду доми Шайтон дарорад, онњо аз Парвардигори баландмартаба ба њамон андоза дур мешаванд. Шайтон барои љодугар манфиатњои зиёдро амалї мегардонад, ки муњимтаринаш молу љоњ, обрўву эътибори баланд мебошад. Худованди Мутаъол дар ин маврид дар каломи ќудсии худ барњаќ фармудааст: "Љодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: "Агар ѓалаба кунем, моро мукофоте њаст?" Гуфт: "Оре ва шумо аз наздиконам хоњед буд". (Сураи "Аъроф", ояти 113). Бузургтарин маќсади шайтон аз роњи рост баровардани бандагони Худованди Мутаъол ва тобеъи худ гардондани онњост. Сењру љоду танњо бо роњи ибодат ба шайтон ва рў овардан ба ширку гуноњон сурат мегирад. Орзуву нияти муњимтарини шайтон ин аз роњи ибодати Аллоњ Таъоло бароварда, ба роњи ширку гумроњї афтодани бандагон ва бо ин ба оташи дўзах ва ѓазаби Худованд гирифтор намудани онон мебошад.

Одил ибни Тоњири Муќбил Шайтон бандаи муъминро бо њар роњу восита гумроњ карданї мешавад, ба ширк медарорад, агар нашавад, ба роњи бидъат мебарад ва сипас ба гуноњони кабира мекашад, агар боз њам ба вай муяссар нагардад, ба гуноњони саѓира ва ахиран пойбанди амалњои норавою номатлуб мегардонад. Дар њадиси шарифи набавї барњаќ омадааст: "Расули Акрам (с) фармудаанд: Ваќте ки шайтон аз намозгузорони сарзамини Арабистонро ба банди макри худ даровардан ноумед шуд, дар байни онњо иѓвоандозї ва фитнаангезиро роњандозї кард". (Њадис бо ривояти Муслим). Абдуллоњ ба рафиќаш Абдуррањмон суоломез назар афканд. Абдурањмон гуфт: -Аммо баъзеи донишмандони исломї фатво бар он медињанд, ки ба назди љодугар барои кушодани гирењи љоду рафтан бо баъзе шартњо иљозат аст. Гуфтам: -Кадом шартњо? Гуфт: -Бояд ба ў бовар накунем ва худи љодугар шахси хубу ростќавл бошад. Ман ба вай гуфтам, ки инчунин олимони муътабар њастанд, ки барои кушодани гирењи љоду ба назди љодугар рафтанро њаром медонанд, ба мисли имоми замони худ Шайх ибни Боз рањматуллоњи алайњ. Рўзе нафаре ба вай гуфт, ки як гурўњ одамоне њастанд, ки ба ќавли худ ба воситаи тибби мардумї табобат мекунанд. Ваќте ки бо зарурат ба назди яке аз онњо рафтам, ба ман гуфт, ки номи худ ва номи модаратро дар як вараќ навишта, фардо ба мо биёр. Чун рўзи дигар ба онњо мурољиъат кардам, гуфтанд, ки ту ба фалон ва фалон беморињо гирифтор гардидаї ё аз фалон нуќсонњо осеб дидаї ва табобати ту

фалон ва фалон аст. -Баъзењо мегўянд, ки соњиру љодугар дар табобати худ каломи Худоро истифода мебаранд. Фикри шумо нисбати онњо ва њукми рафтан ба назди онњо чист? Љавоб: -Њар касе, ки аз ин кор дар табобати худ истифода бурда, даъво мекунад, ки илми ѓайбро медонад, далел ба он аст, ки бо љин сару кор дорад. Бинобар ин, на табобат гирифтан аз вай ва на

ки ба Муњаммад (с) нозил шудааст, куфр варзидааст". Њар он касе, ки бо задани сангчањо ё ки кашидани наќш дар рўйи рег (раммолї) ё аз бемор номи ў ва номи модараш ва ё номи хешу аќрабояшро мепурсад ва даъвои илми ѓайб мекунад, њамаи ин далели фолбин ва ё коњин (рўњонии љодугар) будани ўст. Расули акрам (с) аз мурољиъат ба ин гурўњ ва бовар кардан ба онњоро нањй намудааст. Бар бан-

андешад, то ки мусалмонон аз шарру фасод ва бадињову палидињои онњо эмин бошанд, то ин ки моли мардумро ба ботилу харом нахўранд. Ин аст фатвои Шайх ибни Боз рањимањуллоњ. Абдуррањмон бо як њассосият гуфт: -Ин дуруст нест. Пас ман гуфтам: -Далели нодуруст будани фатвои зикршударо ба ман шарњ бидењ.

рафтан ба наздаш ва на мурољиъат ба ў раво нест. Расули акрам (с) дар ин маврид барњаќ фармудаанд: "Њар касе ба назди фолбин равад ва чизе аз вай пурсад, намози чилшабаи вай пазируфта намешавад". (Њадиси набавї бо ривояти Муслим). Њамчунин дар як чанд њадисњои набавї доир ба нањй аз рафтан ба назди коњинону фолбинон, љодугарону соњирон ва пурсидан аз онњо ва бовар кардан ба посухи онон зикр гардидааст. "Њар касе ба назди коњин рафт ва ба ќавли вай бовар кард, ба он чизе

даи муъмин вољиб аст, ки аз ин гурўњи нобакору маккор њазар намуда, аз мурољиат ва табобат дар назди онњо дурї љўяд. Онњо дар ин амали зишти худ њатто аз оятњои Ќуръони маљид истифода мебаранд, ки далели ањли ботил, љоду ва фиреб будани онњост, ки њаргиз ба гуфтањои эшон фирефта шудан нашояд. Њар фарди муъмину мусалмон хангоми бо чунин шахсон рў ба рў шудан бояд њатман ба љойњои дахлдор мурољиъат намояд, то ин ки нисбати онњо муасиссаи давлатї ва ё муасиссаи динї чорањои зарурї

Ў посух дод: -Рости гап, худи ман бо яке аз хешовандонам ба назди як љодугар рафтам ва хеши ман бо мадади ў алњамдулилоњ, шифо ёфт. Ман пурсидам: -Ваќте ки ба назди фолбин рафтед, вай ба шумо чизе дод? -Не, надод! Гуфтам: -Оё вай ба шумо ягон ќурбонї фармуд ё ягон паррандаи муайянеро дар назди ягон ќабре ё санге, ё дарахте дар ваќти муайян бе зикри номи Худованд хун кардан, фармуд?

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

Гуфт: -Кор то ин дараља нарасид. -Боз аз вай пурсидам: -Оё ў ба шумо фармуд, ки чизи муайянеро дар ваќти муайяне, масалан, њангоми баромадан ва ё нишастани офтоб, ё нисфирўзї дудандозї кунед. Гуфт: -Не, нафармуд. Гуфтам: -Ман бо боварї ба ту мегўям, ки љодугар ё фолбинро шайтонњо бе таќдими ягон ќурбонї хидматгузорї намекунад. Бо вуљуди ин, ман аз ту суоле дорам, умедворам, ки ростќавлона љавоб дињї. Ў гуфт: -Иншоаллоњ, ба ростї љавоб медињам, чунки сараввал худи ман шуморо доир ба мурољиъат ба фолбин огоњ намудам. Гуфтам: -Оё нисбати он фолбин ба коркунони њайати амри ба маъруф ва ё коркунони амният хабар дода метавонї, то ки ўро барои гуноњи содиркардааш дастгир кунанд? Вай гуфт: -Не, наметавонам. Гуфтам: -Чаро? Ў гуфт: -Чунки, метарсам ба ман зарару зиёне расонад. Ў маро таъкид намуда буд, ки ба касе чизе нагўям. Ба вай гуфтам: -Бо ин кори худ фолбин ба ду маќсади бузурге ноил гардидааст. Аввалан туро ба хавфи худ гирифтор намудааст. Њол он ки ту бояд фаќат хавф аз Аллоњ Таъоло дошта бошї. Фолбин аз тарси Худованди Мутаъол дили туро дур мекунад, ки боиси заифии имонат мегардад ва ту асири вай мегардї. Худованди бузург дар ин маврид дар каломи ќудсии худ барњаќ фармудааст: "Љуз ин нагўем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд (мисли беаќлї ва девонагї). Гуфт: "Худоро шоњид мегирам ва шумо низ шоњид бошед, ки ман аз он чї љуз Худои барњаќ ба ширк мепарастед, безорам". (Сураи "Њуд", ояти 54). "Туро ба касоне, ки ѓайри Худо њастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигањдории бандааш кофї нест? Ва њар касро, ки Худо гумроњ созад, пас, барои ў њељ роњнамое нахоњад буд". (Сураи "Зумар", ояти 36) Маќсади фолбинон ва љодугарон низ њамин аст, яъне дар тарсу бим андохтани бемор ва наздикони вай, ту низ њамчун хеши он бемор дар амали нашоистаи њаром афтодаї. Худованди Мутаъол дар ин маврид дар каломи ќудсии худ барњаќ мефармояд: "Он шайтон аст, ки дар дили дўстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онњо матарсед, аз Ман битарсед. (Сураи "Оли Имрон", ояти 175): Ањли илм бар он ќароранд, ки тарс аз Худованд афзалтарин маќомоти дин аст, ки тамоми навъњои ибодат ва ихлос ба Аллоњ Таъоло бар пояи он гузошта шудааст. Вой бар њоли он касе, ки ба ѓайри Худованд дигареро ибодат мекунад. Дар њадиси шарифи набавї дар ин маврид чунин омадааст: "Њар он ки ба фолбину коњин рў меоварад ва сухани онњоро тасдиќ мекунад, дар њаќиќат бар он чизе, ки бар Муњаммад (с) нозил шудааст, куфр варзидааст". Давом дорад

www.ruzgor.tj


12

Театр ва синамо

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

нохуш ё худ фалш будани овозатро аз куљо медонї? Сарояндагї ва ё филмбардорї корест хеле мушкил. Талабот ва ќонуни аслии рушд дар ин соња танњо такрор ба такрор хондан ва навор гирифтан. Шахсиятњои бузург дар ду рўз ё бо як филм корро наомўхтаанд. Дар кўлбори њар яки онњо њам чандин корњои номуваффаќ аст. Аммо "Ормонњо" њам дар муќобили њамаи ин норасоињо чанд сањнае дорад, ки бароям хеле писанд аст ва аз он шарм намекунам. Мо дар ин филм сахт кўшиш кардем ки бозии актёрон табиї бошад ва дар нутќи онњо сохтакорї њис нашавад. Аз забони онњо сухане шунида нашавад ки бо њолату амалашон номувофиќ бошад. Танњо ба хотири хамин чанд сањна барои ваќтњои масраф кардам дар сабти ин филм розї њастам. - Чаро дигар даст ба филмбардорї назадед? -Аз ба рўий навор омадани филми "Ормонњо" се сол сипарї шуд, яъне се сол мешавад ки мо то њанўз дигар филме нагирифтаем, дурусттараш натавонистаем. Айни њол дар дасти ман панљ сенарияи хуби коркардшуда бо тамоми бизнес-плану харљномааш омода аст. Аммо ку сарпараст ё продюсер? Муаллифони ин сенарияњо хеле

Муњиддин Љўраев:

"Панљ сенария дорам.

стед, хостед мањорати худро дар театр санљед ё чизи дигар? -Шояд, аммо ман бояд бигўям, ки моњи апрели соли равон аз тарафи Дафтари Швейтсария маро ба шањри Тошкенти Љумњурии Ўзбекистон барои таљрибаомўзї ба курси коргардонии театр фиристоданд. Пас аз нокомињои кори филм, пас аз сарпараст љустанњои зиёду номуваффаќ аз ин пешнињод албатта, хеле хушњол шудам. Мо дар Ўзбекистон дар театри хусусии "Илњом", ки онро коргардони машњури ин кишвар Марк Вайл соли 1976-ум ташкил кардааст, курси лаборатории коргардонњои љавони Осиёи Миёнаро гузаштем. Дар ин курс аз се кишвари Осиёи Марказї-Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва Тољикистон чавонон иштирок доштанд ва ба онњо чандин устодони варзида аз Русияву Туркманистон ва Ќазоќистону Ўзбекистон дарси мањорат омўхтанд. Тўли якуним моњи омўзиш дар мафкураву љањонбинии ман таѓйироти бузург ба вуљуд омад. Ба мо Владимир Панков давоми якуним моњ мактаби "саундрама"-ро омўзонд. "Саундрама" тарзи нави ба сањнагузорї дар театр аст, яъне сањнањо дар ин жанр омехтаи мусиќї ва драма њастанд. Дар саундрама сухани актёр он ќадр муњим нест, балки тарзи њаракати актёр ва мусиќї муњим аст. Масалан, дар намоишњои Владимир Панков аксари актёрњо мусиќинавозњо њастанд ва онњо дар сањна

АММО КУ САРПАРАСТ?" И

Н љавони њунарманд се сол ќабл, баъди хатми Донишкадаи санъати Тољикистон филмеро бо номи "Ормонњо" тањия намуд, ки аз тарафи санъатшиносон чун падидаи тоза дар синамои мо эътироф шуд. Сафар Њаќдодов, Раиси Иттињодияи синамогарони кишвар баъди нахустнамоиши филм гуфта буд, ки "бояд синамогарони касбии мо аз ин бачањо наворбардориву режиссёриву танзими филмро биомўзанд". Њамчунин Муњиддин Љўраев ду сол ќабл барои намоиши "Модари аз тоќати тањќир хаста" шоњљоизаи љашнвораи театрии "Нигоњи нав"- ро соњиб шуда буду баъди ин дигар аз назарњо пинњон монд. Њоло Муњиддин Љўраев дар зодгоњаш Конибодом ба сар мебарад ва саркоргардони театри ба номи Туњфа Фозиловаи ин шањр аст. Хабарнигори "Рўзгор" Бањман бо Муњиддин Љўраев суњбате орост атрофи филми "Ормонњо", рўзгори имрўзаш ва мо онро ба Шумо пешнињод менамоем.

-Филми "Ормонњо" - аз сўйи аксар синамогарони кишвар, ки дар нахустнамоиши ин филм љамъ омада буданд, бањои баланд гирифт ва ќарор буд, ки дар љашнвораи байналмилалии синамоии "Дидор" муаррифї шавад. Ѓояи ин филм аз кай дар сари шумо буд ва рафти банаворгирии он чї гуна сурат гирифт? - Филми "Ормонњо" филме буд, ки тамоми бачањои мо дар он барои идея ва ѓоя бе пул кор карда буданд. Ё ба таври дигар гўем, ин филме буд ба тариќи њашар сохта. Яъне, њама мехостем андешаамонро, орзуямонро рўи навор биоварем ва худро бисанљем… Ин як эътирозе буд нисбати филмсозињои бесаводона ва худфаъолиятона. Моњи апрели соли 2010-ум ваќте мо наворгирии филмро оѓоз кардем, дар даст њамагї дањ њазор сомонї доштему халос ва ба он бовар будем, ки корро оѓоз кунем мададгорон пайдо мешаванд. Аммо пас аз оѓоз ва њатто пас аз анљом њам касе аз њоламон напурсид. Мо дигар чора надоштем ба љуз бо ќарз сохтани филм. Намехостем дар нимароњ корро гузорем… Чи рўзњоро надидем, бењтараш шумо напурседу ман нагўям. Баъзан менишастаму "хандаам" меомад, ки нодороне чу мо чиву филмсозї куљо? Се нафар дўстон менишастему фикр мекардем, ки аз кї ќарз гирем, чун дигар њама дўсту пайвандон аз мо мегурехтанд. Барои мо идея аз њама боло буд ва мо ба худ боварї доштем, аз ин рўй шарм намекардем ва наметарсидем аз ќарз гирифтан. Хушбах-

www.ruzgor.tj

тона, ба њар сурат ба анљом расид. -Шумо дар суњбате дар нахустнамоиши филм њам ба банда гуфта будед, ки филм бо харљи 90 њазор сомонї рўйи навор омада, шумо ин маблаѓро ќарз кардаед. Оё филми "Ормонњо" масрафи худро худро пўшонида тавонист? -Мо ќариб, ки комилан филмро бо маблаѓи ќарз рўйи навор оварду будем. Ва баъди анљоми сабти филм њам масъалае аз гиребони мо гирифт, ки чї хел карда филмро фурўшему ќарзњоро баргардонем? Аммо ин масъалаи аз аввала њам вазнинтар буд. Њамин хел ним сол ваќт гузашт ва мо кам-кам аз кинотеатрњо маблаѓи ќарзро љамъ мекардем. Хайр ба њар сурат коре кардем, ки аз ќарзњо халос шудем. Аммо раванди филмсозї ва филмфурўшї ба мо хеле чизњоро омўзонд. Мо бо тамоми системаи киносозї ва кинофурўшї дар Тољикистон ошно шудем. Сарбозе, ки майдони љангро надидааст, њељ гоњ дарк карда наметавонад, ки љанг чист? Барои мо ин як таљрибае буд хеле бузург ва арзишманд… Имрўз њамаи он ќарзњо софанд, вале дар хотири мардум филми "Ормонњо" њаст ва моро мардум мешиносанд… -Шумо њамчун коргардон комилан аз филми худ ќаноатманд њастед? -Ман гуфтанї нестам, ки филм олї аст. Не, филм пур аз камбудист. Ростї, барои ман тамошо кардани ин филм хеле вазнин аст. Ман мисли сарояндае њастам, ки пас аз сабти овозаш онро шунида аз љойњои нохуши он ногувор мешавад. Аммо то насарої,

e mail: info@ruzgor.tj

шахсиятњои шинохтае назири устод Сорбон ё худ Бахтиёр Каримов њастанд. Ман бизнес-план дар даст шаш моњ дар ба дару утоќ ба утоќ давидам, ки сарпараст ёбам. Шумо мепурсед ки чаро Муњиддин Љўраев баъди филми "Ормонњо", ки аз тарафи мутахассисон бањои баланд гирифт, дигар филм намеофарад. Охир имрўз касе, ки пул дорад, филм ба навор мегирад, њунар доштани вай он ќадар муњим нест. Мисле, ки касе пул дорад, китоб чоп мекунад, новобаста аз он ки вай чи навишта. Усул дар дасти пулдор шудааст, на дар дасти наќорачї. Медонед, боз як чизи аљиб ин аст, ки бо лоињаи филм пеши њар нафаре, ки барои пурсидани кўмак меравї, аввал назди ту шарт мегузорад, ки "наќши асосиро ман бозї мекунам ". -Худи филмсозони мо њам ин љо таќсир доранд, чун гумон мекунам дар аксар филмњое, ки љавонони мо ба навор мегиранд, бозигарони наќшњои асосї ё худашон њастанд, ё сарпарастони филм… -Филмсозони мо филмро ба мардум чунин муаррифї кардаанд, ки гўё касе хоњад дар филм наќш офарида метавонад. Мафкураи мардум чунин шудааст, ки њама худашро актёр мегирад. Ин хизмати хирсонаи филмсозони мост, ки касе ду дирам дињад, дар филм наќш меофарад. Ба ман низ чанд нафар пешнињод карданд, ки барояшон наќше дар филм дињам, пул медињанд. Бигзор наќшањои ман дертар амалї шаванд, аммо њељ гоњ ман бо бењунарони пулдор филм нахоњам гирифт. Филм сохтан ин кори шитобкорї нест. Як филм мањсули мењнати чандинсола бояд бошад. Њар гоњ ки филми нави хуберо мебинам, дарун љўш мезанад ва сахт асабї мешавам, ки кай наќшаву орзуњои мо амалї мешаванд!? -Оё дер намешавад? - Ман њам дар ин бобат зиёд фирк мекунам. Њар ваќт пас аз тамошои филми хубе њамеша эњсос мекунам ки дер шуда истодааст. Мо ќафо мемонем. Худ ба худ мегўям, ки рўз рафта истодааст, умр рафта истодааст, мо бошем бе амал нишастаем… Хайр чї илољ? Аз дастамон дигар чї коре њам меояд? Танњо амале, ки метавонем анљом бидињем, ин аст, ки сенарияњоро дубораву себора коркард кунем, омодагї бинем… Устодони ман мегўянд, ки ту њанўз љавонї, њоло ваќташ меояд, ин рост, аммо дил мехоњад зудтар биёяд њамон ваќт… -Сабаби дар театр чун коргардон ба фаъолият оѓоз намудани Шумо њам шояд дар њамин љо бошад, ки чун Шумо барои сабти филм сармоя ёфта натавони-

ruzgor@mail.ru

њам наќш меофаранд њам мусиќї менавозанд. Њамин гуна як жанри бисёр аљиб аст. Њамчунин бояд гўям, ки ман дар Тошканд аз бисёр љавонони боистеъдоде аз кишварњои хориљ ва устодон маслињат пурсидам. Њолати худро ба онњо баён кардам, онњо гуфтанд, ки "Муњиддин, ба ту њељ чиз даркор нест, љуз сањнаи як театр! Ту бояд театри худро дошта бошї, бояд гуруњи худро дошта бош��. Ба ту пойтахт њам даркор не, баръакс як гўшаи оромтар лозим. Театри Конибодом бароят бењтарин љой аст, чун инљо музофот аст ва њар "девонагие" мехоњї, кардан мегирї ". Онњо тамоми барномарезии маро њам карда доданд. Ва ин њама боис шуд, ки ман омадам ба театри Конибодом. Боз худи Раиси шањри Конибодом маро фарёд карда, гуфтанд, ки мо тамоми шароитро барои Шумо муњайё мекунем, ту саркоргардони театри шањр шаву лаљоми кори театрро ба даст гир. Ман дигар розї шудам ва аввалин коре, ки ман дар театр кардам, ин буд, ки тамоми бачањои вилояти Суѓдро, ки Донишкадаи санъатро хатм карда буданду ман онњоро мешинохтам, ба кор даъват кардам. -Шуморо табрик мегўем, баъдан, имрўз гуруњи Шумо дар театри ба номи Туњфа Фозиловаи шањри Конибодом пайи тањияи кадом спектаклњои нав њаст? - Њоло мо намоиши "Модари аз тоќати тањќир хаста"-ро ки дар љашнвораи театрии "Нигоњи нав" Шоњљоизаро ба даст оварда буд, бо услуби "саундрама" тањия карда истодаем. Мехоњам ин намоиш бо забони мусиќї наќл карда шавад. -"Саундрама" ба њар сурат як чизи нав аст дар театри мо… - На танњо барои театрњои мо, балки дар тамоми Осиё њам ба љуз театри хусусии "Илњом" -и Ўзбекистон ягон театр дар репертураи худ спектакле бо услуби "саундрама" надорад. Њамчунин як сањнаи нави дигар омода карда истодаем аз осори устод Айнї. -Оё сари ин чиз боре фикр кардаед, ки Муњиддин Љўраев барои кадоме офарида шуда: коргардони театр ё коргардони синамо? -Њанўз ман худамро нашинохтаам. Њанўз ман худамро барои худам муайян накардаам. Нафањмидаам њанўз, ки љойи ман куљо аст? Аммо ман то ќатраи охирин мубориза мебарам, ки мавќеи худро пайдо намоям. Мехоњам ба боварии устодон сазовор бошам. -Ташаккур барои суњбат. Мусоњиб Бањман, «Рўзгор»


Таљрибаи рўзгор

www.ruzgor.tj

Кадом намоишномањо дар театрњо аввалин буданд? Дар шумораи гузаштаи “Рўзгор” дар бораи театри академї-драмавии ба номи Лоњутї муаррифиномаеро хондам. Ва беихтиёр ин савол ба зењнам омад, ки аввалин намоишномањои театрњои кишвар кадомњо бошанд? Субњонназар Келдиёров, Вањдат.

Љолиб аст донем, ки кадом театри кишвар бо кадом намоишнома ба фаъолият пардохт ва мардум онро чї гуна пазируфтанд. Масалан, театри академїдрамавии ба номи Лоњутї соли 1929 дар рўзи пирўзии инќилоби Октябр-7 ноябр таъсис гардид ва он театри давлатии Комиссарияти маорифи халќи Тољикистон номида мешуд. Тавре Њунарманди Хизматнишондодаи Тољикистон Шералї Абулќайсов ба “Рўзгор” гуфта буд, “њайати аввалини он якчанд аъзои мањфили њаваскорони санъати назди баталиони кўњї-тирандозии тољик ва њунарпешањои бригадаи консертии дастаи сайёри Бухоро иборат будаанд. Аввалин намоишномањои он аз сањнањои хурди таблиѓотї иборат буданд, чун рўњияи замон њаминро таќозо мекард. Ва тадриљан њунармандони касбї ба кори он љалб шудаанд”. Иттифоќан театри русї-драмавии ба номи Маяковский низ 7 ноябр оѓоз ба фаъолият кардааст, аммо соли 1937, яъне баъди 8 соли рўи кор омадани театри Лоњутї, дар ављи террору тарсу ларз аз «тройка». Аввалин намоишномаи он “Замин” ном доштааст ва муаллифи песа Н. Вирт будааст. Театр опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнї соли 1940, дар базаи театри мусиќии Тољикистон бунёд шудааст. Аввалин балети тољикї “Ду гул”–и А.С. Ленский буда, соли 1941 аз љониби балетмейстери машњури Шўравї К.Голейзовский ба сањна гузошта шудааст. Коргардон бо кўмаки Ѓаффор Валаматзода, ки он замон як њунарманди љавон буд ва нав по ба арсаи санъат мегузошт, таво-

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "Рўзгор" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

нистааст намоишномаро дар пояи раќсњои халќї оро дињад. Ва аввалин операи театр “Шўриши Восеъ” ном доштааст, ки бо “Коваи оњангар” соли 1941 дар рўзњои фарњанги Тољикистон дар Маскав намоиш дода шудааст. Театри Љавонони ба номи М.Воњидов соли 1965 таъсис шудааст, вале маросими ботантанаи ифтитоњи он 27 декабри соли 1971 бо намоишномаи «Васса Железнова»-и Горкий баргузор шудааст. Роњбари бадеии он О.И. Пижикова буд. Албатта, њамаи театрњои кишвар як сарнавиште замони таъсису фаъолияти худро пушти сар гузоштаанд, ки метавон дар мавридњои хос аз онњо ёд кард.

Шањре, ки инсоният 1200 сол аз он ёд накард Аз куљое хонда будам, ки олимон шањри ѓарќшудаеро дар Миср пайдо кардаанд. Оё ин њаќиќат дорад? Сабрина, донишљў. Оре, тибќи гузоришоти илмї шањри ќадимии Гераклион, ки мансуб ба давлати Миср буд, бештар аз 1200 сол пеш аз ин зери оби бањри Миёназамин мондаву мардуми он бо њама дороии худ ба ќаъри бањр рафта буданд. Гераклион худ як шањри муњими бандарии Миср мањсуб мешудааст ва санаи пайдоиши онро олимон садсолаи њаштум то солшумории мо медонанд. Мањз аз тариќи њамин шањр колои юнонї ба кишвари Миср сарозер мешу-

дааст ва як тиљорати муфиду самаранок миёни давлатњои њавза дар љараён буд. Аммо бо гузашти солњо ин шањр ба њадде нопадид гардид, ки њатто дар ёду хотираи мардуми сарзамин њам боќї намонд ва инсоният аз фољеаи мудњиши як шањри бандарии бузург фаромўш кард. Аммо бо амри тасодуф соли 2000 киштии зериобии Археологї (IEASM) тањти роњбарии бостоншинос Франко

Т

навиштаљот бо забонњои гуногун, шикастапорањои киштињо ва чизњои дигарро низ кашф намуданд. Олимон бар ин назаранд, ки шањр бар асари таѓйири ногањонии иќлим ва обхезии шадид зери об рафтааст ва ба њадде гумном шудааст, ки то оѓози ќарни 21 касе дар бораи он маълумоти мушаххасе надошт. Аммо тибќи тахмини дигар эњтимол меравад шањр бар асари заминларзаи ша-

ИБЌИ гузоришоти илмї шањри ќадимии Гераклион, ки мансуб ба давлати Миср буд, бештар аз 1200 сол пеш аз ин зери оби бањри Миёназамин мондаву мардуми он бо њама дороии худ ба ќаъри бањр рафта буданд. Гераклион худ як шањри муњими бандарии Миср мањсуб мешудааст ва санаи пайдоиши онро олимон садсолаи њаштум то солшумории мо медонанд. Мањз аз тариќи њамин шањр колои юнонї ба кишвари Миср сарозер мешудааст ва як тиљорати муфиду самаранок миёни давлатњои њавза дар љараён буд.

Годдио ин шањри ќадима ва зери обрафтаро кашф намуд. Бо истифода аз таљњизоти навтарини пажуњишї олимони ин гурўњ муваффаќ ба тањќиќи баъзе бахшњои шањр шуданд ва исбот шуд, ки дар айни замон он дар чуќурии 50 метр дар зери об ва 6,5 километр дуртар аз соњили халиљи Абукир хобидааст. Олимон њамчунин тањќиќ кардаанд, ки шањр 11 ба 15 километр арзу тул доштааст. Дар ин росто аз кашфи пайкарањои баландболое њикоят мекунанд, ки то 5 метр ќад доранд. Тангањои тиллої, плитањои сангї бо

ruzgor@hotmail.com

дид зери об рафтаву нопадид шудааст. Аз миёни фарзияњо бояд акнун пажуњишгарон далелњои дигарро мавриди санљишу тањќиќ ќарор дињанд ва тањќиќоти илман собитшудаи ѓарќ шудани шањрро пайдо кунанд.

Дарёњои кишвар пуробтарин дар љањонанд Оё метавонем дар бораи дарёву рудхонањои кишвар маълумот бигирем? Саодат Назарова, Душанбе.

info@ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

13

Ин савол љавоби муфассал мехоњад ва дар бораи дарёњои хурду бузурги кишвар, пайдоиш ва сатњи оби онњо ва мушаххасоти дигарашон дар як маќолае назири посух ба суоли хонанда ѓунљоиш надорад. Аз ин рў хеле кўтоњ дар бораи муњимтарин ва калонтарин дарёњои кишвар маълумот медињем. Тољикистон кишварест, ки бо бузургтарин дарёњояш ифтихор дорад. Бахусус, дар замони љањонишавї истифода аз захи-

рањои табиї барои рушди кишвар муњим аст. Аксари дарёњои Тољикистон мутааллиќ ба њавзаи бањри Араланд ва танњо чанд дарё оби худро ба њавзи бузурги Ќарокул ва ё њавзи Тарима (Чин) мерезанд. Дарёњои калонтарин ва муњимтарин кишвар инњоянд: Панљ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарнињон. Инњо рудхонањои хурушони кўњиянд ва манбаъи худро аз пиряхњо мегиранд. Ин аст, ки бањору тобистону зимистон оби онњо таќрибан дар як сатњ ќарор мегирад. Басо кам њодисањое мешаванд, ки оби ин ё он дарё аз сатњи маъмулии худ ба њадди мушоњидашаванда кам ё зиёд шуда бошад. Калонтарин дарё дар Тољикистон Панљ аст, ки то 921 километр дар имтидоди марзи љанубии мамлакат љорї мешавад. Аз ин 921 километр 525 километр аз Тољикистон убур мекунад ва бештар аз дарёи Вахш сарчашма мегирад. Њангоми ба њам омадани Панљ ва Вахш пуробтарин дарёи кишварАмударё ба вуљуд меояд. Вале њамагї 85 километри он аз ќаламрави Тољикистон убур мекунад. Сирдарё бошад, яке аз калонтарин дарё дар ќаламрави Осиёи Марказї номида мешавад ва 105 километри он аз Шимоли Тољикистон убур мекунад. Дарёи Зарафшон аз водии Зарафшон ва Амударёву Кофарнињон љануби Тољикистонро тай мекунанд. Ва боз њар дара дарёву рудхонањои худро дорад, ки номгўи онњо ваќти зиёд мехоњад.

www.ruzgor.tj


14

Шеъри рўзгори мо

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

Ш

АРМУЃОНИ

«ЊАМЕШАБАЊОР» "Њамешабањор" номи мањфили адабии шоири шинохтаи кишвар Хайрандеш аст. Аъзои он њафтае як маротиба, гирдињам меоянду ашъори ба тозагї эљодкардаи хешро ба якдигар мехонанд ва аз њусну ќубњи онњо мегўянд. Њафтаномаи "Рўзгор" тасмим гирифтааст, ки намунаи ашъори ањли ин мањфилро пайваста таќдими хонандагони хеш намояд. Моњрухсор ТАШРИФЗОДА, донишпажўњ

Олињаи МУЊАББАТ, хонандаи синфи 10 "А"-и мактаби №29, ш. Душанбе

ИШЌИ ГУМГАШТА

ЁДИ ОЧА

Чун насими фораме бар љони ман кардї гузар, Барќ буд гўё нигоњат, сўхт аз по то ба сар. Њамчу абри навбањорон гиря дорам аз ѓамат, Сўйи мо аз бањри чї боре намесозї назар? Офтоби шўълаборї дар самои ишќи ман, Аз ч�� дигар менагирї аз дили зорам хабар? Ман намедонам чї сар зад аз мани ошуфтадил, Ту зи ишќам тофтї рў, кардаї акнун њазар. Карда дилро пора теѓи бевафоият, бубин, Ќатра-ќатра аз фироќат мечакад хун аз љигар. Рози ишќамро намедонам чї сон гўям ба ту, Умри Мањрухсорро кардї ту охир бесамар.

Эй Худољон, ёд кардам, ёд кардам очама, Очагўён ончунон фарёд кардам очама. Кош бинам бори дигар рўйи чун мањтоби ў, Чењраи мисли гулаш, чашмони пур аз оби ў. Кай ба дидори накўяш бори дигар мерасам, Гар расам бар кўи ў, ман тозаву тар мерасам. Очаљонам, зуд о бар дидаи пазмони ман, Васфи ту кардам ба шеър, эй очаи хандони ман. Ман зи тањти дил бисўзам, оњ гўям ончунон, Ёд кардам, ёд кардам ман туро эй очаљон. Бори дигар бинамат эй оча чун гул бўямат, Очаљонам дўст дорам, дўст дорам гўямат.

ГУЛБИБЇ БОЌИЕВА, ноњияи Рўдакї, омўзгори фанни забони русї

Мафтунаи НАЗИР, донишљўи курси аввали факултети журналистикаи ДМТ ОРЗУ

БА САЙРИ МАЪНАВЇ

Гар Худо дорад амон, дар ин диёри нозанин Журналисти бењтарини Тољикистон мешавам. Бо њама кўшишу ѓайрат, дониши аълою хуб, Ман Раиси Иттифоќи Журналистон мешавам.

Ба сайри маънавї бар мулки Эрон меравад ќалбам, Ба тањсини ќадамгоњи бузургон меравад ќалбам. Ватанхоње надидам дар љањон монанди Фирдавсї, Ба рўњи поки Фирдавсї санохон меравад ќалбам. "Гулистон"-и хирадро боѓбон шуд Саъдии Шероз, Ба ёди "Бўстон"-у њам "Гулистон" меравад ќалбам. Ба ёди Шањриёру Эраљу Парвину Фаррухзод, Ба ёди Њофизи ринду ѓазалхон меравад ќалбам. Хушо Шерозу шеъри шоирони шаккарафшонаш, Ба шањри шеъри воло аз Хуросон меравад ќалбам.

ШУКРОНА

НУРУ САФОИ ДИГАРЕ ЊАСТ Моро ба рањи нафс агарчї гузаре њаст, Бар даргањи султони ѓараз роњбаре њаст. Даст пеш наорем ба ќасди дирами кас, Њарчанд аз ин пайрања моро хатаре њаст. Берун зи рањи лутфи Худо по нагузорем, Аз рањмати ў тиннати моро шараре њаст. Њар дом, ки иблис нињода ба рањи мо, Аз тири камонаш ба љигар нештаре њаст. Тардид надорем, ки нахли дили моро Аз меваи ширини сабурї самаре њаст. Дар шомгањи салтанати ќалби Амирї Аз лутфи Худо нуру сафои дигаре њаст.

Муњиба АСОЗОДА, хонандаи синфи 11-и мактаби 82 н.Сино Љалол ШАФЕЪЇ (Эрон)

Ѓаффор АМИРЇ, корманди ВКД

Шукри он дорам, ки ман дар Тољикистон зиндаам, Дар канори мављи дарёи Зарафшон зиндаам. Шукри он дорам, ки ман дар ин Ватан, ин сарзамин Бо Бадахшону Хуљанду Рашту Хатлон зиндаам. Халќи тољик буда мењмондўст аз ањди ќадим, Бо навозишњои гарми тољдорон зиндаам. Шањрњояш дилкашанду кўчањояш дилнишин, Бо Душанбе - пойтахти тозаљавлон зиндаам. Сарвари ман бе муњобо марди оќил асту бас, Шукри он дорам, ки ман бо ибни Рањмон зиндаам. Шукри Истиќлоли миллат, шукри вањдат бењисоб, Шукри он дорам, ки ман бо тахти сомон зиндаам.

Мирзо Наврўзи ЉУМЪАМУРОД

ДУРДИ НИГОЊ

ЗАБОНИ ТОЉИКЇ Ай забони тољикї, машњури дунё гаштаї, Равзани нуре ту андар хонаи мо гаштаї. Шакаррафшониву шириниву шањду ангубин, Аз азал ширин будї, акнун гуворо гаштаї. Андаруни синаам бигрифта бас мењрат макон, Сахт гашта мењри ту дар ќалбу маѓзи устухон. Ту ба мисли мењри модар асли љонам гаштаї, Давлати моро шараф, ай асли љон, ай асли љон!

www.ruzgor.tj

ИБРАТ Некномї гар бихоњї дар љањон, Пайравї кун ту ба хулќи кўдакон. Кинае дар дил надоранд аз касе, Покдил бошанд ин тифлон басе. Њељ гоње дар ѓами рўзї наянд, Њар чизе доранд, бо њам мехўранд.

e mail: info@ruzgor.tj

Магар шароби нигоњат чандсола буд, Ки чунин уфтону хезон Дур мешавам?!

ДАРД Гуфтам: - Ангуштонаатро ба ангушт кун ба ваќти хайётї Дубора беихтиёр синаам дард гирифт. ДАР ОСМОН Дуртар аз онам ки бигирям Ва танњотар аз он ки бихандам. Дилбарам! Худхоњист агар бихоњам на шод бошї, на гирён?

ruzgor@mail.ru


Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

15

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Султони Њамад, «Рўзгор»

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР "РАФТАМ, МАРО БУБАХШУ МАГЎ Ў ВАФО НАДОШТ" Ахиран дар байни алоќамандони садои Ањмад Зоњир таронае пайдо шуд, ки мисраи аввали он "Рафтам, маро бубахшу магў ў вафо надошт" мебошад. Ин суруд ба назар мерасад, ки дар мањфиле хонда шуда ва њанўз нотайёр аст. Ањмад Зоњир онро танњо бо як синтезатор мехонад. Матни ин тарона низ ба ќалами Фурўѓи Фаррухзод тааллуќ дорад ва он аз шеъри "Гурез ва дард"-и шоира гирифта шудааст. Шеъри "Гурез ва дард" аз њафт банди чормисраии зерин иборат аст: Рафтам, маро бубахшу магў ў вафо надошт, Роње ба љуз гурез бароям намонда буд. Ин ишќи оташини пур аз дарди беумед Дар водии гуноњу љунунам кашонда буд. Рафтам, ки доѓи бўсаи пурњасрати туро Бо ашкњои дида зи лаб шустушў дињам. Рафтам, ки нотамом бимонам дар ин суруд, Рафтам, ки бо нагуфта ба худ обрў дињам.

Рафтам, магў, магў, ки чаро рафт? Нанг буд Ишќи ману ниёзи туву сўзу сози мо, Аз пардаи хамўшиву зулмат чу нури субњ Берун фитода буд ба як бора рози мо. Рафтам, ки гум шавам чу яке ќатраашки гарм Дар лобалои домани шабранги зиндагї. Рафтам, ки дар сиёњии як гўри бенишон Фориѓ шавам зи кашмакашу љанги зиндагї. Ман аз ду чашми равшану гирён гурехтам, Аз хандањои вањшии тўфон гурехтам. Аз бистари висол ба оѓўши сарди њаљр Озурда аз маломати виљдон гурехтам. Эй сина, дар њарорати сўзони худ бисўз; Дигар суроѓи шуълаи оташ зи ман магир. Мехостам, ки шуъла шавам, саркашї кунам, Мурѓе шудам ба кунљи ќафас баставу асир. Руњи мушаввашам, ки шабе бехабар зи хеш Дар домани сукут ба талхї гиристам. Нолон зи кардањову пушаймон зи гуфтањо Дидам, ки лоиќи туву ишќи ту нестам.

ruzgor@hotmail.com

Ањмад Зоњир ќабл аз оѓози суруд рубоиеро аз эљодиёти Рањии Муъайирї њамчун шањдрез ба ин тарона мехонад: Ай бехабар, аз мењнати рўзафзунам, Донам, ки надонї аз људої чунам, Боз ой, ки саргаштатар аз Фарњодам, Дарёб, ки девонатар аз Маљнунам. Сипас, банди аввали таронаро њамчун наќарот мехонад. Дар ваќти хондани мисраи саввум онро каме дигархелтар "Ин ишќи оташину пур аз ранљу дарду ѓам" мехонад. Дар идомаи суруд мехоњад, ки банди панљумро бисарояд. Вале баъди хондани ду мисраи аввал дар мисраи саввум љойњои калимањоро иваз карда мехонад, ки худашро ханда мегирад ва дигар мисраи чорумро нахонда бо сурудани наќарот таронаро ба поён мерасонад. Ин сурудро бо њамин оњанг овозхони маъруфи дигари афѓон, дўсти Ањмад Зоњир Ањмад Валї хондааст. Дар бораи моли кї будани ин тарона маълумоти аниќ надорем. Бархе аз муњаќќиќон бар ин назаранд, ки он моли Шоњвалї Валии Таронасоз аст, ки онро барои Ањмад Валї эљод кардааст. (Идома дорад)

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


16

ww

№16 (016) 18 сентябри соли 2013

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ wЉАМЪИЯТИИ . r u z g o r«РЎЗГОР» .tj

Рангинкамон

www.ruzgor.tj

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД Веростор: Љањонгири СУЛТОН

ruzgor@mail.ru

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 *** Нашрия дар чопхонаи «Мушфиќї» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.


Рузгор №16