Ва, инак, биёмадааст ба панљоњ рўз пеш, Љашни Сада - тилояи Наврўзи навбањор.
ХАТЛОН
БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №4 (3141)
панљшанбе, 1 феврали соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru Тантанањои иди Сада
Давлатшоњ Гулмањмадзода: «Сада муждаест аз омадани бањор ва омодагињо ба киштукор»
Сада ойини ниёкон, рамзи пирўзии рушної бар зулмот, некї ба бадї, гармї бар сардї буда, њазорсолањо муќаддам аљдодони мо ин санаи муњимро таљлил менамуданд. Гулханњо афрўхта шодию хурсандї менамуданд. Сада ба ибораи дигар, љашни камарбандї ва ё худ омодагї ба Наврўзи Аљам-ба кишту кори дењќонї мебошад. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаи Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдат-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љашни Сада бо омодагии њамаљониба таљлил гашта истодааст. Дарвоќеъ Сада пайкрасони Наврўзи навбањор аст. Ба ќавли шоир: Сада љашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Љам ёдгор аст. Субњи 30 январи соли 2018 назди театри мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа базмгоњро мемонд. Хурду бузург дар тан либосњои миллї - адрасу чакан хурсандї доштанд. Сокинони 25 шањру ноњияи вилоят њунари дастони хешро ба маърази тамошо бароварда буданд. Кишоварзон њосили бо араќи љабин рўёнидаи худро, ки аз сабзавоту полезї, меваю ѓалладонагињои гуногун иборат буд, ба намоиш бароварда, шукрона аз рўзгори осуда, вањдату якпорчагии мењан доштанд. Гулханњои афрўхта, шеъру суруд, раќсњои љолиб шањодат аз сиёсати оќилонаи Роњбари давлат, сулњу вањдат, якпорчагии ватани аљдодиямон буд, ки оинњои ниёгонро аз нав эњё гардонид. Раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода бо мењмонон аз намоишгоњи дастовардњои хољагии халќ дидан намуданд. Гулдўзињои пурнаќшу нигор, чаканњои бомањорати махсус дўхташуда диќќати њар бинандаро ба худ љалб менамуд. Хўрокњои омоданамуда, њунарњои дастии њунармандон, табаќтарошу кулолгар, зардўзу заргарон ва ошпазон бори дигар аз њунари волои аљдодони мо шањодат медод. Сипас, дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа бо ширкати намояндагони ташкилоту муассисањо, шањру ноњияњо ва
маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят љамъомади тантанавї доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода љамъомадро оѓоз бахшида, таъкид дошт, ки суннату ойинњои
нек ва љашнњои миллии мо, мисли Наврўз, Мењргон ва Сада дар тўли таърих барои тарѓиби ахлоќу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин љашнњо Сада яке аз љашнњои ќадимаи мавсимии халќиятњои ориёинажод ба шумор рафта, рўзи 10-уми моњи Бањмани солшумории шамсї таљлил мегардид, ки мутобиќи солшумории мелодї ба поёни рўзи 30 - юм ва оѓози рўзи 31 - уми январ рост меояд. Аз ин рў, бо дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз иди Садаро дар тамоми љумњурї бошукўњу шањомат љашн гирифта истодаанд. Њамин тавр, раиси вилояти Хатлон иштирокдорони чорабинї ва дар шахсияти онњо кулли мардуми шарифи вилоятро ба муносибати љашни миллї-иди Сада табрик гуфта, ба онњо дар оѓози фарорасии эњёи табиат саодатмандию бурдборињо таманно намуд. Тав-
ре ки Давлатшоњ Гулмањмадзода иброз дошт, ин љашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моњи Бањман то омадани Наврўз 50 шабу 50 рўзро фаро мегирад. Ба ќавли Абўрайњони Берунї аљдодони барўманди мо шабу рўзро алоњида њисоб мекарданд, ки он дар якљоягї то расидани Наврўз 50 шабу рўзро ташкил медод. Иди Сада чун рамзи гузаштани сардињои зимистон, муждае аз наздик расидани бањор ва чун гиромидошти ойини оташпарастї ва бузургдошти Мењр истиќбол гирифта мешуд. Сада моњиятан пирўзии рўшноиро бар торикї ифода намуда, бо тантанаи оташафрўзї омадани фасли бањору муждаи пешомади Наврўзро мерасонд. Ба хотири гиромидошти он мардум, бахусус дењќонон, гулханњои бузург афрўхта, шодиву хушњолї менамуданд. Сарчашмањои таърихї ва бозёфтњои бостоншиносї гувоњї медињанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Мењрпарастї дар миёни гузаштагони тољикон ва дигар халќњои форсизабон таќрибан дањ - дувоздањ њазор сол пеш падид омадааст. Дертар, дар њамин
замина, љашнњои мавсимии шаби Ялдо ва Сада зимни мушоњидањои бурљњои фалак, њаракати Офтоб ва дигар љирмњои кайњонї маълум
гардидааст. Абулќосим Фирдавсї дар “Шоњнома” пайдоиши љашни Садаро ба давраи подшоњии Њушанг нисбат медињад. Мувофиќи нигориши ў Њушанг ба мардум тарзи афрўхтани оташро омўзонид ва ба хотири гиромидошт љашни Садаро бунёд гузошт. Абўрайњони Берунї љашни Садаро рамзи пирўзии Фаридун бар Зањњок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрўзии ойини Сада нисбат медињад. Њамин тариќ, пазироии љашни Садаро ба шоњони пешдодїЊушангу Фаридун нисбат дода, онро бошукўњу шањомоти хоса зимни афрўхтани гулхан ва дар гирди он раќсу бозї намудан пешвоз мегирифтанд. Чуноне ки зимни суханронї таъкид гашт, Сада бо гулхани рўшноиафзоии хеш сардињои зимистонро бо рўшноиву гармињои бањор мепайваст ва 50 рўзу 50 шаби фарорасии Наврўзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин љашни бањор ва истиќболи соли нави аљдодї – Наврўзи оламафрўз омода мегаштанд. Љашни Садаро, агар бо як калима баён кунем, аслан љашни ОТАШ ном дорад. Гузаштагони мо дар ин рўз љашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрўхтанд ва дар гирди он раќс мекарданд ва суруд мехонданд. Сада то асри 12 љашн гирифта мешуд, лекин баъдњо аз байн рафт, вале нишонањои он - гулхан афрўхтан, дар гирди он базм оростан њанўз њам дар байни мардуми тољик ба назар мерасад. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї аз дастовардњои кишоварзони вилоят дар соли 2017 сухан намуда, таъкид дошт ки дар њамаи бахшњои хољагидорї дар майдони 413,9 њазор гектар кишти асосї ва 96526 гектар кишти такрории зироатњо гузаронида, дурнамои пешбинишударо таъмин карданд, ки киштро нисбати соли 2016-ум
ВАХШОНА, “Хатлон”
Чорабинї хотирмон гузашт
Њамойиши њунармандони шањру навоњии минтаќаи Ќўрѓонтеппа тањти унвони “Њунарњои мардумї-рукни муњимтарини фарњанги миллї”, ки бо ибтикори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хат-
лон ва Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ташкил ёфтааст, дар ноњияи Абдурањмони Љомї баргузор гардид. Дар ин чорабинии муњими сиёсїфарњангї, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирад, њунармандони асил эъљози дастонашонро, аз ќабили чакандўзию гулдўзї, адрасбофї, наќшу нигорпартої
мутаносибан 1503 -2874 гектар зиёд намуданд. Бо истифода аз тухмињои хушсифат ва риояи агротехникаи зироатњои кишоварзї дар њамаи шаклњои хољагидорї дар вилоят 903,1 њазор тонна ѓалладонагињо, 259,3 њазор тонна пахта, 1 миллиону 21 њазор тонна сабзавот, 162,7 њазор тонна картошка, 482,4 њазор тонна полезї, 173,9 њазор тонна мевагињо, 101,4 њазор тонна ангур истењсол карда шуд, ки ба истиснои истењсоли картошка истењсоли дигар намуди мањсулоти кишоварзї таъмин гардида, нисбати соли 2016-ум аз як то 34 фоиз афзоиш ёфт. Тавре ки ироа гардид, дар баробари афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзї содироти он низ ба хориљи кишвар зиёд гардида, аз њудуди вилоят 91,5 њазор тонна, аз љумла 55865 тонна сабзавот ба хориљи кишвар содирот карда шуд, ки 155,1 фоизи наќшаро ташкил медињад. Дар маљмўъ њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 12,7 млрд сомонї расонида шуд. Чуноне ки роњбари аввали вилоят таъкид дошт, соли сипаригашта дар шањру ноњияњои вилоят 1341 гектар боѓњои нав, 74 гектар токзорњои нав, 6 гектар боѓњои интенсивї ва 9,7 гектар ситрусї бунёд гардида, 244,9 гектар боѓу токзорњо барќарор карда шуд. Њамин тавр, дар љамъомад доир ба дастовардњои соњаи чорводорї, парандапарварї, истењсоли моњї, сабзавоту полезї, ѓалладона сухан ронда таъкид гардид, ки соли 2017-ум 52 фисади њаљми умумии мањсулоти кишоварзии љумњурї дар вилояти Хатлон истењсол гардидааст. Давлатшоњ Гулмањмадзода бори дигар иштирокчиёни љамъомад бахусус кормандони соњаи кишоварзиро, бањри истењсоли мањсулоти тару тоза изњори сипос намуда, таъкид дошт, ки аз њар як рўзу соати мављуда истифода баранд, бањри замина гузоштан барои њосили бештару бењтар кўшиш ба харљ дињанд. Пас аз суханронї беш аз 100 нафар бењтарин кормандони соњањои хољагии халќи вилоят, собиќадорони мењнат бо Сипосномаи раиси вилоят ва туњфањои пулию молї сарфароз гардонида шуданд. Њамчунин, дар ин љамъомади тантанавї барандагони љоизаи ба номи Шамсиддин Шоњин ва Носири Хусрав Зафари Мирзоиён ва Чўпон Бадал бо 5000 сомонигї ќадрдонї шуданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ѓолибонро табрик гуфта, барояшон тансињативу бурдборињо таманно намуд. Санъаткорони вилоят бо њунари волои хеш-шеъру тарона, сурудњо ва раќсњои љолиб хотири њамагонро болида гардониданд.
дар гилем, наљљорї, косибї ва ѓайра, ки аз соњибтамаддунию бофарњангї ва мероси ѓанидоштаи миллати тољик дарак медињад, ба маъраз гузоштанд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси ноњияи Абдурањмони Љомї Абдуљаббор Бањодурзода, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят Љамолиддин Исматуллозода, намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру навоњии минтаќа аз намоишгоњ дидан намуда, ба мањсули дастони фусункори њунармандони моњир бањои сазовор доданд. Сипас бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар кохи фарњанги ноњия конференсия доир гардид, ки онро бо сухани табрикї раиси ноњия А. Бањодурзода кушода, аз номи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва мардуми ватандўсту њунарпарвари ноњия мењмононро хушомадед гуфт.
Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар баромади пурмуњтавои худ љанбањои воќеї доштан ва сариваќтї ба њаёт ворид шудани соли махсус, бахшида ба рушди сайёњї ва њунарњои мардумиро дар кишварамон арзёбї намуд. Ќайд гардид, ки ин њама таваљљуњ ва посдорињо нисбат ба сарзамини куњанбунёд ва шоњкорињои миллати тољик аз сиёсати раъиятпарварона ва воќеъбинонаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дарак медињад. Дар кори конференсия, њамчунин, коршиносону таърихдонон баромад намуда, аз таърихи бойю ѓании тољикон дар самти эљоди бемисли чакандўзї, ќуроќдўзї, намадбофї, рангофарї, кандакорї дар чўб, кулолгарї, чармгарї ва ѓайра маълумот доданд. Конференсияро санъаткорони бахши фарњанги ноњия бо дастагули тару тозаи консертї њусни анљом бахшиданд, ки он барои њамагон хотирнишон буд. И. Њасанов, “Хатлон”. Аксбардор М. Ашўров
и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА ИСТЕЊСОЛИ МАЊСУЛОТ ТО 38% АФЗОИШ ЁФТ Дар вилояти Хатлон соли 2017 истењсоли тамоми анвои мањсулоти кишоварзї аз 3,1 то 38 дарсад афзоиш ёфт. Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилоят ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, соли гузашта љамъан ќариб 900 њазор тонна ѓалладонагињо, беш аз як миллион тонна сабзавот, 476 њазор тонна полезї, 171 њазор тонна мева, наздики сад њазор тонна ангур, 110 њазор тонна гўшт, 393 њазор тонна шир, 68,2 миллион дона тухм, 931 тонна асал, 1077 тонна моњї истењсол карда шуд.
БУНЁДИ 1341 ГЕКТАР БОЃИ НАВ ДАР ЯК СОЛ Давоми як сол дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 1341 гектар боѓњои нав бунёд гардида, 245 гектар боѓу токзори куњна барќарор карда шуданд. Аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят ба рўзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки 933 гектар боѓњои нав дар заминњои лалмї бунёд гардида, нишондодњои Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї иљро шуд. Натиљаи сол то сол
рушд ёфтани майдони боѓу токзорњо мебошад, ки истењсоли мева ва ангур дар ноњияњои Фархор, Данѓара, Љайњун, Љ. Балхї, Шањритўс, Бохтар, Ќубодиён, Муъминобод, Хуросон, Вахш, Дўстї, Ш. Шоњин ва Восеъ афзоиш ёфт.
МУЉОЗОТИ ВАЙРОНКУНАНДАЊОИ ЌОНУН 5456 њолати вайронкунии ќонунгузории замин дар майдони 19,1 њазор гектар замини ќаламрави вилояти Хатлон ошкор карда шуд. Ба ќавли масъулони кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, соли 2017 барои ба љавобгарии маъмурї кашидани вайронкунандагони ќонунгузории замин 4115 адад протокол ва ќарорњо тартиб дода, ба маблаѓи 1,4 миллион сомонї љарима баста шудааст. “Бо маќсади ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои холимонда ва партов, соли сипаригардида дар заминњои партов, чарогоњњо ва дигар заминњои шањру ноњияњо дар майдони 3738 гектар кишти зироатњо гузаронида шуд”, - афзуд манбаъ.
КОЊИШИ ЉИНОЯТЊОИ ИФРОТГАРОИЮ ТЕРРОРИСТЇ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар соли 2017 ягон њолати ба узвияти гурўњњои экстремистию террористї дар хориљи кишвар шомил шудани сокинони вилоят ба ќайд гирифта нашудааст. Искандар Солењзода, сардори Раёсати ВКД дар вилоят, дар аснои нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар натиљаи пурзўр намудани фаъолияти маќомотњои њифзи њуќуќ сатњи љиноятњои вазнин, аз љумла љинояти марбут ба ифротгароию терроризм дар соли сипаришуда коњиш ёфт.
“Якчанд њолати иштироки сокинони вилоят дар задухўрдњои мусаллањонаи хориљи кишвар ошкор гардид, аммо маълум шуд, ки онњо солњои 2014-2016 ба он мамлакатњо сафар кардаанд. Дар соли 2017 чунин њолат ба ќайд гирифта нашудааст”, афзуд И. Солењзода.
ИЌДОМЊОИ НАВИ СОЊИБКОРОНИ МАЊАЛЛЇ Дар вилояти Хатлон алъон 5882 нафар тибќи шањодатнома ва 25187 нафар тибќи патент ба фаъолияти соњибкорї машѓул буда, аз њисоби онњо соли 2017 ба буљети мањаллї 76,2 миллион сомонї маблаѓ ворид гардидааст. Ќурбоналї Ќурбонов, сардори Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатии вилоят, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки соњибкорони мањаллї давоми сол бо сарфи 98 миллион сомонї 182 иншооти истењсолї ва ѓайриистењсолї бунёд намуданд. “Бо иќдоми соњибкорони вилоят соли гузашта дастаљамъонаи суннатии 3127 писарбача ва тўйи арўсию домодии 217 љуфти нављавонон гузаронида шуд”, - зир кард Ќ. Ќурбонов.
ТАСДИЌИ ГЕНПЛАНИ 20 ШАЊРУ НОЊИЯИ ВИЛОЯТ Аз 25 шањру ноњияи вилояти Хатлон то имрўз дар 20 шањру ноњия наќшањои генералии нав тањия ва тасдиќ гардида, ду наќшаи генералї барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод шудааст. Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, айни њол дар се ноњияи дигари вилоят корњои балоињагирии наќшаи генералї идома доранд. Раванди татбиќи наќшањои генералии тасдиќшуда аллакай оѓоз
гардидааст. Масалан, соли гузашта барои бунёди иншоот дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї дар њаљми 1,8 миллиард сомонї маблаѓгузорињо аз худ карда шудааст.
ЊАВАСМАНДСОЗИИ ОМЎЗГОРОНУ ТАБИБОНИ ЉАВОН Дар Соли љавонон 29 омўзгори љавон аз ноњияњои Ёвон, Бохтар ва Љалолиддини Балхї бо ќитъаи замин барои бунёди манзили зист таъмин гардиданд. Дар баробари ин, соли гузашта омўзгорони љавон дар шањри Норак ба 5 нафар ва дар ноњияи Ёвон ба 3 нафар омўзгорони љавон ќарзњои боимтиёзи бонкї људо шудаанд. Ќобили зикр аст, ки то ин љониб дар вилоят ба 1962 нафар омўзгори љавон ќитъаи замин барои сохтмони манзили истиќоматї, ба 134 нафар ќитъаи замин барои полезкориву боѓдорї ва ба 343 нафар ќарзи имтиёздори бонкї дода шудааст. Њамзамон, дар вилоят барои њавасманд кардани мутахассисони љавони соњаи тиб ба 346 нафар ќитъаи замини наздињавлигї, ба 40 нафар манзили зист ва ба 413 нафари дигар ќарзњои имтиёзноки бонкї ироа гардидааст.
ШУМОРАИ ЗАНОНИ РОЊБАР МЕАФЗОЯД Айни замон дар сатњи вилоят 14,7 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро бонувон ташкил медињанд. Раъно Рањимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, бо тасдиќи ин хабар ба рўзномаи “Хатлон” гуфт, ки то имрўз љињати љалб ва пешбарї намудани занон ба вазифањои роњбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфуз ва дар арсаи сиёсат афзудани теъдоди онњо, 5516 нафар бо-
нувон тавсия гардидаанд, ки дар ин вазифањо кору фаъолият доранд ва ин нисбат ба соли гузашта 316 нафар зиёд мебошад. Ќобили зикр аст, ки раисии як шањр (Сарбанд - Санавбар Самизода) ва як ноњияи вилояти Хатлон (Балљувон - Маърифат Зоирзода)-ро имрўз занон ба уњда доранд.
БАРОИ 408 ЊАЗОР ХОНАНДА ЛИБОС МЕДЎЗАНД Бо маќсади дар соли нави тањсили 2018-2019 таъмин намудани хонандагони муассисањои таълимї бо либосњои хуштарњу шинами мактабї миёни шуъбањои маорифи шањру ноњияњо ва корхонањои дўзандагии ватанї шартномањои тарафайн баста шудааст. Ба иттилои Диловар Исоев, сардори Раёсати маорифи вилоят, наќшаи тасдиќшуда ба 408 њазору 49 нафар хонанда рост меояд, ки ин 57,7%-и шумораи умумии муњассилонро дарбар мегирад. Дар соли тањсили гузашта корхонањои мањаллии дўзандагї барои 173 њазор хонандаи муассисањои таълимї либоси ягонаи мактабї дўхтанд, ки ин баробари 46 фоизи талабот буд.
БОНУВОНИ БЕШУЃЛ ЊУНАРЊОИ ДАСТЇ МЕОМЎЗАНД Аз љониби маќомотњои мањаллї ва соњибкорони ватанї 143 дастгоњи адрасбофї ва 30 дастгоњи атласбофї харидорї ва насб гардида, 1651 нафар занону духтарони хонашин ройгон омўзонида шудаанд. Ин теъдоди бонувон пас аз омўзиш бо љойи кори доимї таъмин гардиданд. Инчунин, бо маќсади эњё намудани њунарњои мардумї дар шањру ноњияњои вилоят барои дар хона
омўзондани њунарњои дастї курсњо ташкил гардида, беш аз 3742 зани хонашин соњиби касб ва шањодатнома шуданд. Масъули гўша М. НОСИРЉОН
2
ХАТЛОН
панљшанбе, 1 феврали соли 2018, №4 (3141)
ќабули шањрвандон
Давлатшоњ Гулмањмадзода: «Бо мењнати ањлона мушкилоти љомеаро бартараф созем» Шанбеи гузашта раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода, дар шањри Сарбанд ќабули шањрвандонро ба роњ монд. Роњбари вилоят, сараввал, сокинони шањрро доир ба рўйдоди фарањбахш - таѓйири номи шањри Сарбанд ба Леваканд табрик гуфта, иброз дошт, ки Леваканд номи таърихии ниёкон буда, боиси ифтихори шањрвандон мебошад. Роњбари вилоят ќабл аз оѓози шунидани арзу шикояти шањрвандон, иброз дошт, ки њадафи мулоќоти имрўза дар баробари шунидани арзу ниёзи шањрвандон њамчунин баррасии дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёмашон ба Маљлиси Олии љумњурї ва тањлили бурду бохти соли 2017 ва масъалагузорињо, наќшаву ниятњо барои соли 2018 мебошад. Нахуст Фирўза Бедилова, омўзгори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №1-и шањри Сарбанд оид ба масъалаи мусоидат намудан барои пахши барномањои телевизиони вилояти Хатлон дар шањри Сарбанд арзи матлаб намуд. Тавре ки баён гардид, дар ќаламрави шањри Сарбанд шањрвандон аз тамошои барномањои телевизиони вилояти Хатлон бархўрдор нестанд. Доир ба њалли масъалаи мазкур раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Њамро Салимов изњори андеша намуда, ёдовар гардид, ки дар сурати њамкории тарафайн ва дастгирии маќомоти иљроияи њокимиятњои мањаллии шањру ноњияњо масъалаи мазкур њалли хешро меёбад ва сокинони шањри Сарбанд аз тамошои барномањои телевизиони вилояти Хатлон бархўрдор мешаванд. Сипас, Раљабалї Изатуллоев, сокини дењаи Табаќчии Љамоати дењоти “Вањдат” доир ба мусоидат намудан барои пешгирии љамъшавии обњои зери пули роњи оњани даромадгоњи шањри Сарбанд арзи матлаб намуд. Тавре номбурда иброз дошт, њинни обёрии заминњои атроф оби зеризаминї баланд шуда, ба равуойи техникаву наќлиёти мусофирбар халал ворид месозад. Сари масъалаи мазкур низ роњбари вилоят ба масъулини соњањои дахлдор дастуру супоришњои мушаххас дод. Миралї Тиллоев, роњбари хољагии дењќонии “Бўстон-
2013”, оид ба тамдид намудани муњлати истифодаи барќ барои пойгоњњои обкашї то 1 ноябр бо нархи мавсимї арзи матлаб намуд. Нархи мавсимии барќ барои пойгоњњои обкашї 9,3 сомонї буда, аз 1 октябр беш аз 16, 6 сомониро дарбар мегирад. Сари масъалаи мазкур низ роњбари вилоят андеша ронда, ба масъулин бобати бартараф намудани мушкилоти љойдошта супоришњои дахлдор дод. Абдуназар Њусейнов, собиќ корманди корхонаи “Тољик - Азот”, бобати мусоидат намудан барои пардохти нафаќаи кормандони ЉСК “Азот” арзи дил намуд. Тавре ки равшан гардид, ба 35 нафар нафаќахўрон аз 1 апрели соли 2016 ба мабалѓи 236 њазору 800 сомонї нафаќаи имтиёзнок пардохт нагардидааст. Равшан гардид, ки муддати мадиде корхонаи “Тољик -Азот фаъолият надошт ва ин масоил низ њалли худро пайдо накарда буд. Мисоќов Хайрулло, роњбари ЉДММ “Имкон” оид ба барќарор намудани роњи корхонаи мазкур дар миќёси фурудгоњи Ќўрѓонтеппа арзи матлаб намуд. Бинобар сабаби таъмиру таљдид ва васеъ намудани фурудгоњи Ќўрѓонтеппа роњи ЉДММ “Имкон” ва ањолї, ки дар њудуди марзиву маъмурии шањри Сарбанд ва ноњияи Бохтар ќарор дорад баста шудааст. Њамчунин, Абдукарим Мусофиров, роњбари хољагии дењќонии “Муњаммадљон”, бобати мустањкам намудани канали СМК ва сариваќт истифода намудани хољагидорон аз об арз намуд. Тавре ки равшан гардид, аз канали мазкур хољагињои ноњияњои Бохтар ва Вахш низ истифода мебаранд. Агар канали мазкур сариваќт таъмиру тармим ва мустањкам гардад, барои дењќонон шароити хуби обёрии сариваќтї даст медињад. Њамин тавр, варзишгар Умедљон Муњиддинов, иштирокчиии чемпионати љањон андешањои хешро нисбати дастгирии Њукумати љумњурї, вилоят ва шањри Сарбанд баён дошта аз ин ѓамхорињо изњори сипос намуд. Барно Шамсова сокини Љамоати дењоти “Гулистон” зимни суханронї таъкид дошт, ки дар шањри Сарбанд маркази касбомўзии атласу адрасбофии “Шоњзамон” бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат фаъолият дорад. Тибќи гранти Президенти мамлакат
маркази мазкур таъсис ёфтааст ва дањњо нафар духтарону занонро соњиби касб ва љойи корї гардонидааст. Имрўз мањсулоти истењсолнамудаи дастомўзони ин марказ пешкаши њаводорон гардидааст. Барои дастгирии бенази-
раш аз Роњбари давлат ва эълон гардидани соли 2018 њамчун Соли рушди сайёњї ва њунарњои миллї Барно Шамсова аз роњбарияти мамлакат Эмомалї Рањмон изњори сипос намуд. Пас аз шунидани арзу матлаби сокинони шањри Сарбанд раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода оид ба фаъолияти соњањои хољагии халќи шањри Сарбанд изњори назар намуда, бобати камбудињои љойдошта аз масъулини соњањои марбута ва раиси шањр Санавбар Самизода пурсиш ба амал оварда, бањри њаллу фасли камбудињои љойдошта дастуру супоришњои мушаххас дод. Сипас, Давлатшоњ Гулмањмадзода доир ба Паёми Роњбари давлат ба Маљлиси Олї, ки сиёсати дохиливу хориљї ва дастовардњои иљтимоиву иќтисодиро дарбар мегирад, андешаронї намуд. Номбурда таъкид дошт, ки агар соли пешин Паёми Роњбари давлат аз тањлили иќтисодиву иљтимої оѓоз ёфта бошад, пас Паёми навбатї доир ба вазъи сиёсиву иќтисодї ва амнияти љањон оѓоз гардидааст. Роњбари давлат зимни суханронї нисбати раванди бартариљўйї, мусаллањшавии бошитоб, пайдоиши нишонањои марњалаи нави љанги “сард” изњори нигаронї намуд. Вазъи сиёсии љањон нишон дод, ки соли љорї дар гўшањои гуногуни олам нооромиву низоъњо идома ёфта, барои љомеаи љањонї њамчун аёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Дар ин давра зиёда аз 100 давлати дунё мавриди њамлањои ѓайриинсонии террористон ва ифротгаро-
Тантанањои иди Сада
ЉАШНИ САДА ОИНИ НИЁКОН АСТ Сада љашни ниёкони тољикон аст, ки аз гузаштагони мо ёдгор мондааст. Он таърихи тўлонї дошта, ба ќавли муаррихон 30005000 сол пеш аз ойини Зардуштї пайдо шудааст. Мувофиќи ривояти «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсї Њушанг шоњи пешдодиён љашни садаро асос гузоштааст. Зи Њушанг монд он Сада ёдгор, Басе буд чун ў дигар шањриёр. Мувофиќи ин ривоят Њушанг њангоми шикор сўи море санг меандозад, санг ба санги дигаре бархўрда, аз он оташ мебарояд ва ба њамин васила одамон оташ афрўхта, ба он саљда мекарданд. Сада то асри ХII љашн гирифта мешуд, вале баъдњо аз байн рафт, вале нишонањои онгулхан афрўхтан, дар гирди он базм оростан дар байни мардуми тољик боќї монда буд. Боиси тазаккур аст, ки ин љашни ниёкони мо замони истиќлолияту давлатдории тољикон аз нав эњё гардид. Дар ин бахш сањми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон басе калон аст. Бо пешнињоди ин марди сарбаланду фарњангпарвар ва эњёгари суннатњои миллї бисёре аз љашнњои таърихї аз нав зинда гардиданд. Љашни Сада низ аз зумраи онњост, ки мардуми тољик онро бо хушнудї истиќбол намуд. Аз љумла, бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Восеъ ва дастгирии мардуми шарифи он ин љашни таърихиро таљлил намуданд. Базмгоњ дар саройи Маркази тиљоратии «Султони Кабир» муќаррар гардид. Субњи барваќт дар ин љо аз кулли дењањои љамоатњои шањраку дењот, муассисањои таълимї мардум љамъ омаданд. Њар кадоме аз иштирокдорони базмгоњ то тавонистанд мањсули дасти худро ба намоишгоњи ин базмгоњ оварда, пешкаши назари тамошобинону
харидорон гардонанд. Љашни Сада муждае аз наздик омадани Наврўз ва айёми киштукор, шинонидани дарахтони боровар аст. Ба ин хотир оѓози намоишгоњ низ аз кишоварзон шурўъ гардид. Нињолпарварони хољагии нињолпарварии Љамоати дењоти ба номи Худоёр Раљабов (роњбараш Давлаталї Мирзоев) ва сокинони мањаллаи Кўчабоѓ нињолони парваришнамудаи худ: себу зардолу, шафтолую олу, гелос, хурмо, бодом, бињї, ангур ва ѓайраро пешкаши мардум намуданд. Боѓдорон ва шањрвандон барои хеш нињоли дархостии худро пайдо карда, харидорї менамуданд. Дар ин радиф намоишгоњро мањсули дастони њунармандони халќї - чакандўзию сўзанињо, адрасу атлас, хўрокњои миллї: атолаю ќурутоб, нону кулчањои гуногуни кадбонуњои њунарманди мањаллањо, мањсули дастони устоњои дуредгар: косаю табаќ, ќошуќ, оштахта, гањвораю маводи зарурии он оро медоданд. Иштироки кўдакони дўстрўяки кўдакистонњои маркази ноњия ва Љамоати дењоти Тугарак низ дар ин љашнвора њусни дигаре зам менамуд. Духтаракони хандонрў сари суфраи орд нишаста, бо нишондоди мураббињояшон нону кулча омода мекарданд, ќисми дигари духтаракону писаракон бо ќироати шеър ва раќсу бозї машѓул буданд, ки ба иштирокдорони љашни Сада як љањон шодию нишот овард. ... Инак, лањзае, ки мардум интизораш буданд, фаро расид. Ин афрўхтани гулхан буд, ки яке аз рукнњои асосии љашни Сада аст. Бо иштироки раиси ноњия Мўсо Ѓафурзода ва намояндаи Њукумати љумњурї, муовини аввали сардори Маркази стратегии назди дастгоњи Президенти Љумњурии Тољикистон Сайфулло Сафаров гулхани базмї ороста гардид. Оташи зарду сурхи гулхан сару рўйи атрофиёнро лолагун мекард. Алалхусус, рухсорањои
нозуки кўдакони раќсандаро лоларангу зебо гардонида буд. Ва ин асно шеъри Бозор Собир «… Зардии рўямро бигир, сурхии рўятро бидењ» пеши назар меомад, ки гўё мањз ба њамин лањза иншо гардида бошад. Марду зан шеъру тарона хонда, бо мусиќии дилошўби худ дилњоро ба ваљд меоварданд. Садои мусиќии санъаткорони идораи фарњанги ноњия мардумро назди худ мехонад. Њама бо хурсандї он љо љамъ меоянд. Њарчанд ки дар ин рўзи хотирмон Худованд дари файзу баракатро кушода буду аз осмон файз-барф меборид, санъаткори шинохта Гулрў Сатторова суруди «Ашагулон»-ро бо мањорати баланд мехонд: Ашагулони ростина, Як бор биљунбон остина. Ѓаллаи сабзум хушк шуд, Як бор бирезон борона. Ин ба он хотир буд, ки тирамоњу зимистони имсола хеле хушку гарм омад ва сабабгори пеш аз мањал сабз гардидани нињолу дарахтон мегашт ва мардум боридани барфро дер боз интизорї доштанд, њатто ба хотири пешгирии сабзшавии дарахтон ба яхобмонии заминњо машѓул буданд. Хушбахтона, барф борид, ки онро мардум тарањуми Худовандї ва файзу баракати имсола медонистанд. Давоми њунарнамоии санъатварон раиси ноњия М. Ѓафурзода ва намояндаи Њукумати кишвар њозирин ва дар шахси онњо тамоми мардуми ноњияро ба љашни Сада табрик намуданд. Дар ин радиф аз тарафи раиси ноњия пешоњангони истењсолот, онњое, ки дар пешрафту тараќќиёти иќтисодии ноњия сањми арзанда доштанд, бо ифтихорномањо сарфароз гардонида шуданд. Тантанаи љашни Сада идома дошт ва бошад, ки он садсолањо идома ёбаду мардум базму тараб намуда, хушњолї намоянд. Н. САФАРЗОДА, ноњияи Восеъ
ён ќарор ёфтааст. Тавре ки роњбари вилоят таъкид дошт, љуѓрофияи нооромињо торафт доман пањн намуда, тањлилу хатарњои глобалї имрўз ба асосњои бунёдиву тартибу низоми љањонї ва усулњои муносибати байналмилалї таъсир
гузошта истодаанд. Идомаи минбаъдаи ин њолат метавонад боиси тањдиду хатарњои сиёсиву иќтисодї, амниятї ва башарию фарњангї дар минтаќањои гуногуни олам гардад. Тавре ки раиси вилоят иброз дошт, дар ин раванд бештар ба љомеаи љањон ва минтаќа, сохторњои байналмилалї ва минтаќавї ба роњ мондани њамкорињои фарогир афзалияти махсус дорад. Њамчунин, Давлатшоњ Гулмањмадзода таъкид дошт, дар Паёми Роњбари давлат масъалањои мазкур дар мадди аввал гузошта шудааст. Аз ин рў, бо маќсади таъмини амнияти устувор љињати пешгирї аз хатарњои афзояндаи терроризму ифротгарої ва дигар тањдидњои замони муосир Љумњурии Тољикистон омода аст, ки њамкорињои густурдаро бо созмонњои байналмилаливу минтаќавї ва кишварњои шарик таќвият бахшад. Давлатшоњ Гулмањмадзода доир ба дигар самтњои Паёми Роњбари давлат бобати дастовардњои иќтисодиву иљтимої низ изњори андеша намуда, таъкид дошт, ки соли љорї нишондињандањои макроиќтисодии кишвар дар сатњи устувор нигоњ доштани суръати рушди воќеии иќтисодиёт ва њаљми маљмўи дохилї ба 60 млрд сомонї баробар гардид. Тибќи дурнамо дар се соли минбаъда њаљми маљмўи мањсулоти дохилї зиёда аз 30% афзоиш ёфта, то ба 82 млрд сомонї расонида мешавад. Дар соли 2017 маљмўи мањсулоти дохилї ба њар нафар ањолї нисбат ба соли гузашта 12% ва дар муќоиса бо нишондињандаи пешбинишудаи барномавї 8% зиёд гар-
дида, даромади пулии ањолї 10 фисад афзоиш ёфт. Гарчанде ки дар 11 моњи соли 2017 содирот нисбат ба њамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфтааст, воридот низ 10% кам гардид. Чуноне ки Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї таъкид дошт, дар 5 соли охир маблаѓгузории соњањои маориф аз буљетидавлатї 2,3 баробар ва тандурустї 2,1 баробар зиёд шуда, нисбати соли пешин 16 - 25% афзоиш ёфтааст. Чуноне ки узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода зикр намуд соли 2017 дар миќёси љумњурї 150 корхонаи саноатї бо таъсиси 3000 љойи корї мавриди истифода ќарор гирифт. Дар ин давра истењсоли риштаи пахтагин наздики 3 баробар, ќолину мањсулоти он 1,6 баробар ва газворњо 42 % афзуд. Бобати истењсоли неруи барќ, ки “Тољикистон дар арсаи байналмилалї яке аз кишварњои тадбиќкунандаи “иќтисодиёти сабз” мањсуб меёбад, ибрози андеша намуда, Давлатшоњ Гулмањмадзода таъкид дошт, ки лоињаи таљдиди неругоњи барќи обии Норак дар ду марњала бо љалби 6 млрд сомонї пешбинї шуда, марњалаи аввали он оѓоз ёфтааст. Њамчунин, дар самти татбиќи лоињаи таљдиди неругоњи барќи обии “Сарбанд” бо маблаѓи 1,1 млрд сомонї корњо оѓоз ёфта агрегати он соли равон ба кор андохта мешавад. Њамин тавр, раиси вилоят доир ба эълон гардидани Соли 2018 соли Рушди сайёњї ва њунарњои мардумї андешањояшро баён намуда, таъкид дошт, ки масъулину сокинони шањри Сарбандро зарур аст, корњои бунёдкориву ободгароиро хуб ба роњ монда, барои љалби бештари сайёњон тадбирњо андешанд. Зеро рушди сайёњї ва эњёи њунарњои мардумї имкон фароњам меовард, ки корхонањои хурду миёна бунёд гардаду њазорњо љойњои нави корї бунёд ёбад ва муњим аз њама бо мањсулоти аълосифати худї муаррифгари ватани аљдодии хеш бошем. Раиси вилоят бори дигар масъулини шањри Сарбандро бањри ислоњи камбудињои љойдошта ва дар амал татбиќ гардидани нишондодњои Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї супоришњои мушаххас дод. ВАХШОНА, “Хатлон”
Дар партави ПАЁМ Дар Кохи фарњангии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав, бо маќсади омўзиши муњтавои Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки њамчун роњнамои њадафњои созандаи кишвар арзёбї мегардад, мулоќоти ноиби ректори ДДЌ ба номи Носири Хусрав доир гардид бо устодону донишљўёни шуъбаи ѓоибонаи факултети филологияи тољик.
Ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар бояд дод Ќудратулло Абдурањимов, ноиби ректори ДДЌ ба номи Носири Хусрав, дар мулоќот ба гуфтаи Пешвои миллат такя намуда, чунин изњор дошт: «Тамоюли љањонишавии фарњанг ба яке аз проблемањои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатњи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслњое, ки вазифањои азими бунёди љомеаи навин дар даврони соњибистиќлолии миллати тољик ба зиммаи онњо гузошта хоњад шуд, торафт меафзояд. Яъне, вазифаи кўдакистон, мактаб, донишгоњ дар ин самт муњим аст. Мањз ин муассисањо барои боло бурдани маънавиёти љомеа наќши арзишманд доранд. Њар ќадар фарзандони мо дониши фарох дошта бошанд, њамон ќадар миллат ва давлат рушд менамояд”. - Падару модар дар партави Паёми Пешвои миллат барои тарбияи фарзандон бояд ањамияти љиддї дињанд, - зикр кард Ќ. Абдурањимов. - Гоње њайрон мемонем, ки падару модар фарзандонро ба дунё оварда, ба тарбияашон ањамияти камтар медињанд ё намедињанд. Дар замони гузашта бобою бибињо, падару модарон барои фарзандон дар њар мавзўи зиндагї њатман чанд афсона, ќисса ё ривояту наќл гуфта, ўро барои дўст доштани инсон, ватан ва муњити зист роњнамун месохтанд. Аммо гоње мебинем, ки фарзанде мактабро тамом карда, њатто як афсонаву ќисса нашунидааст, ё китобе нахондааст. Чунки шунидани ин ё он њикоят, ё хондани китоб фикри инсонро дигар месозад, ўро дар љомеа мањбуб менамояд.
Мушоњидањо нишон доданд, ки аксари ононе, ки дар зиндагї рањгум зада, худро ба њар балои ногуфтанї андохтаанд, сабабаш бедонишист. Дар ин замина сатњу сифати таълим бояд дар мактабњо баланд бардошта шавад ва дар мактабњои миёнаи умумї озмоишгоњњои фаннї амал намоянд, то фанњои даќиќ бо назария ва амалия чуќур омўзонида шаванд. Бояд љавонон якчанд забони хориљиро омўзанд, то мутахассисони хуби соњањои мухталиф гарданд. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид намудаанд: «Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дињем, сатњу сифати таълимро дар њамаи зинањо бењтар кунем, барои тањсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, ба заминањои моддиву техникии муассисањои таълимї тањким бахшем ва самаранокии фаъолияти онњоро таъмин намоем. Барои баланд бардоштани њисси худшиносии миллї, ватандўстиву ифтихори ватандорї ва дар рўњияи инсонпарварї тарбия намудани насли наврас таваљљуњи аввалиндараља зоњир намоем». Дар охир, аз љониби донишљўёни фаъоли факултети филологияи тољик дар васфи Пешвои миллат, ифтихори ватандорї, сулњу оромии Тољикистони азиз шеърњо ќироат гардиданд. Саодат РАСУЛЗОДА, донишљўи соли аввали шуъбаи ѓоибонаи факултети филологияи тољики ДДЌ ба номи Носири Хусрав
Сабабњои асосии таъмин нагаштани иљрои наќшаи андози иљтимої дар соли 2017 дар як ќатор субъектњои хољагидор кам шудан ё афзоиш наёфтани музди мењнат ва кам гардидани шумораи коргарон ба њисоб меравад. Дар давраи њисоботї дар миќёси вилоят манбаъњои андозбандии андози иљтимої, аз
НАЌШАИ УМУМИИ АНДОЗЊО 102% ИЉРО ГАРДИД Баќияи ќарзи андозњо дар сатњи вилоят то охири соли 2017 ба 172,8 миллион сомонї расида, нисбат ба авали соли 2017 ба маблаѓи 5,2 миллион сомонї кам шудааст. Дар сатњи 14 шањру ноњияи вилоят 18,5 миллион сомонї баќияпулињо кам шуда бошад њам, дар 11 шањру ноњия, мутаассифона, ба маблаѓи 12,9 миллион сомонї афзоиш ёфтааст. Љ. Нурзода, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, зимни ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки баќияпулии андоз аз љумла дар шањри Ќўрѓонтеппа 2,8 миллион сомонї, ноњияњои Фархор 2,8 миллион сомонї, Ховалинг 2,6 миллион сомонї, М. С. А. Њамадонї 1,6 миллион сомонї, Муъминобод 779 њазор сомонї, Восеъ 753 њазор сомонї, Дўстї 721 њазор сомонї, Хуросон 547 њазор сомонї, Темурмалик 97,3 њазор сомонї, Н. Хусрав 89 њазор сомонї, Љ. Балхї 59 њазор сомониро ташкил медињад. - Бо маќсади кам кардани
баќияпулињои андоз ва шумораи андозсупорандагони ќарздор дар давраи њисоботї ба унвони 22 њазору 289 андозсупоранда огоњиномаи ќарздорї ба маблаѓи умумии 271,1 миллион сомонї ирсол шуда, аз ин њисоб ба буљет 130,9 миллион сомонї ворид гардид, - зикр кард Љ. Нурзода. – Дар давраи њисоботї дар вилоят наќшаи ду намуди андоз – андоз аз арзиши иловашуда ва андози иљтимої - иљро нагардид, ки дар натиља аз ин њисоб зиёда аз 50 миллион сомонї ба буљет ворид нашуд.
љумла шумораи коргарон дар маљмўъ 1894 нафар кам гардида, даромади дар шакли музди мењнат њисобшуда њамагї 7% ва музди миёнаи моњона 10,7% афзоиш ёфтаасту халос. Бо вуљуди ин њам, наќшаи умумии андозњо ва дигар пардохтњои њатмї дар соли 2017 ба андозаи 102,1 фоиз таъмин шуда, ба љойи як миллиарду 177,8 миллион сомонии пешбинишуда ба буљет як миллиарду 202,2 миллион сомонї ворид гардидааст. Љ. Нурзода њамчунин хабар дод, ки корхонањои «Ресанда» (19 миллион сомонї) ва «Трансформатор»-и шањри Ќўрѓонтеппа (3 миллион сомонї), идораи хољагии оби ноњияи Бохтар (зиёда аз 6 миллион сомонї) ва хољагии «Авесто»-ю заводи пахтаи «Ориёно» (њар яке беш аз як миллион сомонї) дар рўйхати ќарздорони азими идораи андоз ќарор доранд.
ШУМОРАИ КОРМАНДОНИ НИЗОМИ БОНКЇ 459 НАФАР КАМ ШУД Омилњои коњишёбии шумораи банкоматњои вилояти Хатлон, муносибати ходимони бонкњо бо мизољон, сатњу сифати хизматрасонї, эътимоди мардум ба низоми бонкї, ироаи ќарзњо ба ањолї ва доирањои соњибкорї, наќшањо оид ба тадбирњои баъдибуњронии иќтисодиёти кишвар аз мавзўъњои мењварии нишасти матбуотї дар шуъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон дар шањри Ќўрѓонтеппа буд.
А. Салимов, мудири шуъбаи минтаќавии БМТ, тазаккур дод, ки новобаста ба буњрони љањонї фаъолияти низоми бонкї дар вилоятро дар соли 2017 муътадил арзёбї кардан мумкин аст. Шумораи умумии истифодабарандагони кортњои пластикї давоми сол ќариб 64 њазор нафар афзуда, ба 451 њазору 434 нафар расидааст. Амонатњои умумї дар соли 2017 2,8% (19,3 миллион сомонї) зиёд шуда, 719 миллион сомониро ташкил додааст. Пасандозњои шахсони воќеї дар вилоят нисбат ба соли 2016 ба андозаи 23,7 миллион сомонї ё 4,1% афзуда, ба 585 миллион сомонї баробар шудааст. Аммо њаљми пасандозњо нисбат ба як сол пеш бо пули миллї 21,7% зиёд ва бо асъори хориљї 13,1% кам шудааст. Ба ќавли А. Салимов, бањраи миёнавазни пасандозњо вобаста ба муњлат, њаљм ва на-
муди пасандоз дар ташкилотњои ќарзї бо пули миллї аз 16 то 11 фисад ва бо асъори хориљї аз 9 то 5 фоизи солонаро ташкил медињад. Дар њамин њол, соли гузашта шумораи филиали бонкњо ва ташкилотњои маблаѓгузории хурд 26 адад («Тољиксодиротбонк» – 17 филиал, «Тољпромбонк» - 4 филиал, «Агроинвестбонк» - 3 филиал, «Фононбонк» ва «АксессБонк» - якфилиалї) кам шудаанд. А. Салимов иттилоъ дод, ки дар интињои соли 2017 теъдоди кормандони низоми бонки дар вилоят 3529 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба оѓози сол 459 нафар кам мебошад. Манбаъ афзуд, ки дар муќоиса бо аввали соли 2017 шумораи банкоматњо ва постерминалњо ба 32 адад кам шуда, њоло дар минтаќаи Ќўрѓонтеппа 77 банкомат ва 261 пос-терминал ва дар минтаќаи Кўлоб 48 банкомат ва 153 адад пос-терминал ба 168 њазор дорандаи корти пластикї хизмат мерасонанд. - Дар соли њисоботї њаљми ќарзњои додашудаи ташкилотхои ќарзї аз тамоми манбаъњо ба соњањои иќтисодиёти вилояти Хатлон дар маљмўъ 933,5 миллион сомониро ташкил намуд, - зикр кард А. Салимов. – Ин маблаѓ нисбат ба соли 2016 ба андозаи 121,5 миллион сомони ё 15% бештар аст. 44,3%-и ин ќарзњо (413,3 миллион сомонї)
асосан ба соњањои саноат, наќлиёт ва сохтмон, 33,8%аш (315,2 миллион сомонї) ба соњаи кишоварзї ва 21,9 дарсади ќарзњо (205 миллион сомонї) ба соњаи савдо ва тиљорат ироа гаштааст. Соли 2017 дар вилоят ба ќадри 16,8 миллион сомонї пулњои фарсуда аз муомилот гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 7,4 миллион сомонї зиёд мебошад. Р. Њабибуллоев, роњбари намояндагии «Тољиксодиротбонк» дар вилоят, гуфт, ки ин бонк ба маблаѓи умумии 16 миллион сомонї пули наќд пасандози мизољонашро баргардонидааст, ки ќариб 60%-и тамоми пасандозњоро ташкил медињад. Бо ќисмати дигари мизољоне, ки дар ин бонк пасандоз доштаанд, шартномањои нав баста шуда, муњлати бозпасгардонии пасандозњояшон тамдид гардидааст. Маъмурияти намояндагии «Амонатбонк» дар вилоят дар љавоб ба масъалагузорињои журналистон оид ба хизматрасонии филиалњои ин бонк дар мањалњо, кори банкоматњо ва маданияти начандон баланди муоширати баъзе кормандони бонки мазкур бо мизољон, ваъда дод, ки барои ислоњи эродњои гирифташуда ва бењсозии сифати хизматрасонї тадбирњои иловагї хоњад андешид.
НОЊИЯЊОИ ЉАЙЊУН, ДЎСТЇ ВА НОСИРИ ХУСРАВ БАРОИ НИГОЊДОРИИ РОЊЊО МАБЛАЃ ЉУДО НАКАРДААНД Барои нигоњдории роњњои мошингарди ќаламрави минтаќаи Ќўрѓонтеппаи вилоят дар соли 2017 аз љониби Вазорати наќлиёти Тољикистон ба муассисаи давлатии «Идораи хољагии роњњои автомобилгард»-и минтаќаи Ќўрѓонтеппа беш аз 8 миллион сомонї ироа гардидааст. Набї Ёќубов, муовини сардори МД «Идораи хољагии роњњои автомобилгард»-и минтаќа, зимни тасдиќи ин хабар дар нишасти матбуотї гуфт, ки барои таъмиру нигоњдории роњњо дар соли гузашта камтар аз 7 миллион сомонї харољот шудааст, ки ба як километр роњ дар як моњ 204 сомонї рост меояд, аз љумла барои нигоњдорию таъмири роњњои мањаллї (1979,6 км) ба њисоби миёна дар як моњ 109 сомонию 41 дирам сарф шудааст. - Аз буљети маќомотњои иљроияи њокимияти давлати шањру ноњияњо ба идорањои мањаллии хољагии роњњои автомобилгард соли гузашта
љамъан ду миллиону 254 њазору 649 сомонї људо гардидааст, - идома дод Н. Ёќубов. – Аз он љумла, барои нигоњдорї ва таъмири роњњо дар Ёвон як миллиону 855 њазор сомонї, дар Бохтар 180 њазор сомонї, дар Хуросон 97 њазор сомонї, дар Вахш 35 њазор сомонї, дар ноњияи Љ. Балхї 28 њазор сомонї, Шањритўс 20 њазор сомонї, дар ноњияи А. Љомї 15000 сомонї, дар Панљ 10050 сомонї, дар шањри Сарбанд 8895 сомонї ва дар ноњияи Ќубодиён 5204 сомонї ихтисос дода шудааст. Ба ќавли манбаъ, маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои Љайњун, Дўстї ва Носири Хусрав давоми соли 2017 барои таъмиру нигоњдории роњњои мањаллї умуман маблаѓ људо накардаанд. Њамчунин зикр гардид, ки аз рўйи муоинаи роњњои автомобилгарди минтака дар соли 2017-ум 1163 аломати роњ намерасид ва давоми сол 924 аломат
гузошта шудааст. Арзиши як аломати роњ, вобаста ба њаљму рангу сифаташ аз 350 то 1500 сомонї будааст. Инчунин хабар дода шуд, ки барои таъмини бехатарии њаракати воситањои наќлиёт дар роњњои мањаллї аз он љумла 39223 метри квадратї чуќуричањо ва як адад ќубур ба дарозии 8 метр таъмир карда шуд. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
МУРОЉИАТИ БЕШ АЗ 34 ЊАЗОР НАФАР БАРОИ КОР Дар нишасти хабарии Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар Хатлон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2017 аз тарафи кормандони бахшњои Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањру ноњияњои вилоят 34 њазору 133 нафари бекор мурољиат намудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 664 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 18 њазору 352 нафар бекорон бо љойи кори доимї таъмин шудаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2016-ум 3 њазор нафар зиёд мебошад. - Дар соли сипаригардида ба 4 њазору 370 нафар бекорони дар ќайдбуда кумакпулї таъйин гардид ва ба 4 њазору 297 нафар кумакпулї пардохт карда шудааст, ки маблаѓи умумии он 2,2 млн сомониро ташкил медињад, - зикр намуд З. Насриддинов, масъули Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон. - Аз он љумла, шахсони аз кор озодшуда ба 259 нафар ба маблаѓи 268 њазору 546 сомонї, шахсони аз мањбас озод шуда ба 400 нафар ба маблаѓи 249 њазор сомонї ва шахсони аз сафи Ќуввањои Мусалањ баргашта ба 3 њазору 638 нафар ба маблаѓи 2 миллиону 224
њазор сомонї пардохт шудааст. Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон бо маќсади сари ваќт таъйин намудани талабот ва дархости соњањои гуногуни хољагии халќ ва кордињандагони алоњида бо мутахассисони лозима амал намуда, дар соли 2017ум 5 њазору 845 нафар хоњишмандонро барои гирифтани ихтисосњои гуногун ба курсњои махсуси кўтоњмуддат фиристодааст, ки 100%-и наќшаи солонаи барномавиро ташкил медињад. Бањри амалї намудани чорабинињо љињати бо кор таъмин намудани муњољирони мењнатї дар дохили кишвар ва таъмини њифзи иљтимоии онњо дар соли 2017-ум 2 њазору 50 нафар муњољирони ба ватанбаргашта, ба маќомоти Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањру ноњияњои вилоят мурољиат намуданд, ки аз он 86 нафарашон зан мебошанд. Аз ин шумора 427 нафарашон бо љойи кори доимї таъйин гардида, 164 нафари дигар ба касбомўзї ба тариќи ройгон фиристода шуданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Дар њошияи Паёми
ДАСТГИРИИ ЉАВОНОН ТАНЊО БО СОЛИ ЉАВОНОН МАЊДУД НАМЕШАВАД
Шуѓли ањолї-такягоњи ањли мењнат Дар низомномаи мављудаи ин маќомоти давлатї ва ќонуну ќарорњои љории ба соња бахшидашуда, воќеан њам, он чун такягоњи асосии ашхоси ба кор ниёздошта шарњ дода шудааст. Оё шўъбањои дар шањру навоњии мамлакат фаъолиятдошта, ин кори муњим ва доѓи рўзро мувофиќи талаботи замон ба мањзари иљро гузоштаанд? Аз ин боб ба сардори шуѓли ањолии маќомоти давлатии иљроияи ноњияи Восеъ М. Ќурбонов суњбат доштем. - Муњтарам Ќурбонов, чанде пеш дар рўзномаи мустаќили љамъиятї –сиёсии «Пайк» карахтї ва корбарии номукаммали мудири шуъбаи шуѓли ањолии шањри Кўлоб Маѓфират Каримова зери тозиёнаи танќид гирифта шуда буд. Муаллиф нигоштааст, ки дар иљрои вазифа сарвари ин идораи дар њаёти ањли мењнат калидї коњилї зоњир менамояд. Дар хољагии коммуналии шањр зиёда аз се моњ боз бонувони роњрўбу гулпарвар маош нагирифтаанд. Ин гуна ќарздории калон дар шањру ноњия наздик ба 300 њазор сомонист. Ба мушкилот пуштибони ањли мењнат бефарќ муносибат менамояд. Аз ин нињод, на њар камбизоати ба соњибкорї њавасманд ќарзи имтиёзнок гирифта метавонад. Бо љавонони аз хизмати њарбї љавобшуда ва мањбусони ба озоди баромада ба таври бояду шояд кор бурда намешавад. Бо сабаби амалан вуљуд надоштани тарѓибот њар ду гурўњ њатто аз мављудияти чунин идораи ѓамгусор бехабаранд. Корњои шумо дар ин росто дар кадом сатњ ба роњ монда шудааст? –Яке аз вазифањои масъулиятнок ва бисёр љиддии мо миёнравї дар бозори мењнат ва мусоидат ба шуѓли ањолї мебошад. Дар ин раванд мо моддаи 23-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолї» тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31. 01. 2006 - ро дастури њамарўзаи фаъолияти худ ќарор дода, љањд менамоем, ки мувофиќи талаботи сохтори бозорї ва эњтиёљоти шањрвандон амал бикунем. Дар соли 2017 шумораи ањолии ноњия 205500 нафар буд. Захирањои мењнатї аз ин шумора112900 ташкил медињад, ки 66 њазору72 нафарашон ањолии аз љињати иќтисодї фаъол мебошанд. Яъне, эшон бо кор таъминанд. Ањолии аз љињати иќтисодї ѓайрифаъол 46 њазору 322 нафаранд. Сатњи расмии бекорї аз 43 фисад зиёдтар аст. Дар маљмўъ, соли гузашта ба маќомоти мо 1650 нафар шањрвандон мурољиат намуданд ва аз ин шумора ба 614 нафарашон маќоми бекорї дода шуд. Бо кумаки молиявии ташкилоти мо 60 нафар машѓули соњибкорианд. Дар ин бахш наќшаи Барнома 101,3 фоиз ба иљро расонида шуд. Масъалаи ќарздорї аз музди мењнат бошад. Он пайваста зери назорати кормандони шуъба ќарор дорад. Барои сари ваќт пардохтани маоши ањли мењнат ба мурољиатњои мо раиси ноњия мусоидат менамояд. Ин аст, ки
ќарздорї аз маош дар ќаламрави ноњия он ќадар калон нест. Он дар соли 2017 14800 сомониро ташкил дод. Ќисми зиёди ин маблаѓ ба хољагии дењќонии «Њулбук» ва муассисаи истгоњи техникии кишоварзии ноњия рост меояд. Ин субъектњо уњдадор шудаанд, ки дар моњи январ њаќќи мењнати аъзоёнашонро пардохт менамоянд. -Дар боби ба кор таъмин намудани ањолї ва касбомўзии калонсолон чї натиљањо рўйи кор омаданд? –Дар фаъолияти маќомоти мењнат ва шуѓли ањолї гузаронидани ярмаркањои љойњои кори холї аз чорабинињои муассир мансуб меёбад. Соли гузашта 12 ярмаркаи љойи кори холї гузаронидем. 126 нафар корљўён соњиби љойи кори доимї гардиданд. Тавассути ташкил ва баргузории ярмаркањои љойи кори холї 318 нафар шањрвандони бекор ба намудњои гуногуни шуѓл љалб шуданд. Аз ин теъдод 248 нафарашон зан ва 273 нафар љавонон мебошанд. Дар масъалаи касбомўзии калонсолон ва шањрвандони њавасманд вазифаи маќомот басо мураккабу доманадор аст. Њоло мо аз рўйи 50 касбу њунар мутахассис омода мекунем. Инњо касбњоеанд, ки тамоми пањлўњои зиндагиро дар бар мегиранд. Пешнињод намудани номгўи васеи касбу кор ба шањрвандон имконият фароњам меорад, ки њар кас вобаста ба шавќу њаваси худ њунар дарёбад. Онњое, ки курсњои омўзиширо бомуваффаќият хатм мекунанд, соњиби њуљљат ва дараљаи тахасусї мегарданд. Маблаѓи таълим аз љониби маќомоти мо пардохта мешавад. Боварї дорем, ки муњољирони мењнатї баъди хатми чунин курсњо камтар ба мушкилот дучор мешаванд. - Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёмашон ба порлумон таъкид доштанд, ки дар соли 2018-ум 110 њазор љойи нави корї таъсис дода шавад. Дар ин робита, дар ќатори дигар нињодњои давлатї Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолиро вазифадор намуданд,ки барои њар як аъзои оиларо ба кор таъмин намудан тадбирњои судбахш андешанд. Дар њудуди ноњия дар ин бахш чї наќшањоро амалї менамоед? -Дар Паём, асосан, тамоми самтњои фаъолияти минбаъдаи мо роњнамої шудаанд. Ба кор таъмин гардонидани мардум дар соњаи кишоварзї, соњибкорї, ривољ додани њунарњои халќї дар шароити хона, таќвият додани касбомўзї дар муассисањои таълимї роњњои ба њаёт тадбиќ намудани ин њуљљати саодатовар мебошад. Мо дар ин раванд собиќаи бисёрсола дорем. Тамоми талош ва кўшишњоямонро бањри он равона мекунем, ки дар ин амали њаётан муњим сазовори боварии халќ фаъолият намоем. Ѓайбулло Њалимов, ноњияи Восеъ
БЕШ АЗ 60 %-И КИШТИ КАРТОШКА ИЉРО ШУД Дар 25 шањру ноњияи вилояти Хатлон тибќи наќша мебоист дар майдони 6 њазору 800 гектар кишти картошка гузаронда мешуд. Аммо то имрўз маљмуан дар майдони 4 њазору 121 гектар картошка кишт карда шудааст, ки 60, 6 фисади дурнаморо ташкил медињад. Ба иттилои Ќудбиддин Халилов, сардори шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, кишти картошка дар шањру ноњияи вилоят давом дошта, маќсад дорем, ки дурнаморо ба 100 фоиз расонем. Ёдовар мешавем, ки раи-
си вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар кори семинармашварати вилоятї ки дар ноњияи Љайњун «Оид ба кишт ва агротехникаи парвариши картошка ва сабзавоти барваќтї» таъкид дошт: «Пеш аз њама ба навъи тухмињое, ки кишт мекунед, ањамияти љиддї дода, бо истифода аз маслињатњои олимони соња кишти зироатњои кишоварзиро ба роњ монед» . Ќ. Халилов зикр кард, ки кишоварзони мо имрўз бо истифода аз маслињати олимони соњавї ва тухмињои хушсифат киштро ба роњ монда истодаанд.
ФАЪОЛИЯТИ ХУБИ САРДХОНАИ «СУБЊИ САРБАНД» Барои хушсифат нигоњ доштани меваю сабзавот ва таъмин намудани бозорњои шањр ба он дар шањри Сарбанд аз тарафи Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Субњи Сарбанд» сардхона бо шароити мусоиди нигоњдории мањсулот сохта, мавриди истифода ќарор ёфта буд. Инак беш аз як сол мешавад, ки ин сардхона фаъолияти хуб ба роњ монда, бештар дармавриди зарурї мањсулоти захира кардаи худро, ба бозорњо мебарорад. Ба иттилои Рањим Рустамов, сардори Раёсати кишоварзии шањри Сарбанд, дар ин сардхона имкони нигоњдории то 1000 тонна меваю сабзавот мављуд буда, аз љониби Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Субњи Сарбанд» бунёд гардидааст. -Сардхона бо технологияи муосир ба маблаѓи 2 миллиону 645 њазор сомонї муљањњаз гардида, дар он нигоњдории мањсулоти тару тозаи кишоварзї тибќи меъёрњои
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 1 феврали соли 2018, №4 (3141)
байналмилалї ба роњ монда шудааст. Коргарону мутахассисони сардхонаи мазкур тибќи дастуру супоришњои Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фаъолияти онро ба роњ монданд. Ёдовар мешавем, ки зимни кушодашавии сардхонаи «Субњи Сарбанд» Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёд ва ба истифода додани чунин сардхонањоро дар фаровонии бозорњои љумњурї ва хориљи кишвар бо мањсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муњим ва зарурї арзёбї намуда буд. -Аз ин рў имрўз, сардхонаи “Субњи Сарбанд” бањри таъмини бозорњои шањр ба мањсулоти тару тоза фаъолияти бо самар намуда истодааст,-мегўяд Р. Рустамов. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»
ШУМОРАИ НАФАЌАГИРОН ЗИЁД ШУДАНД Дар вилояти Хатлон 230 њазору 847 нафар нафаќагир мављуд мебошад, ки њисоби нафаќаи миёнаи онњо 259 сомониро ташкил медињад. Шумораи нафаќагирон дар вилоят нисбат ба њамин давраи соли гузашта 8 њазору 603 нафар зиёд гардидааст.
Бино ба иттилои С. Мўсоев, сардори Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар вилояти Хатлон, бо маќсади таъмини сариваќтии маблаѓи нафаќаю кумакпулињо дар вилоят наќшаи андози иљтимої дар соли 2017 ба андозаи 542 миллион сомонї пешбинї гардида буд. Маблаѓњои воридшудаи андози иљтимої нисбати наќшаи пешбинишуда 26 миллион сомонї кам буда, сабаби асосии сариваќт таъмин нагардидани нафаќаю кумакпулињо дар вилоят гардид. - Шумораи умумии нафаќагирони маъюб дар вилоят 50 њазору 626 нафарро ташкил медињад, ки - Раёсати бењдошти замин ва обёрї дар вилояти Хатлон бо шањрвандон ва хољагињои дењќонї дар соли љорї дар масоњати 273763 гектар замин љињати обрасонї шартнома бастаанд,- иброз намуд Шамсиддин Гадоев, муовини сардори Раёсати бењдошти замин ва обёрї дар вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотї. - Бояд ќайд намуд, ки Раёсати бењдошти замин ва обёрї дар вилояти Хатлон дар мавсими тирамоњу зимистони солњои 2017-2018 гузаронидани обёрии захиравї дар майдони 19475 гектар ба наќша гирифта шуда, то ба имрўз дар майдони 11441 гектар оби захиравї гузаронида
нисбати соли гузашта 1042 нафар зиёд мебошад,- зикр кард С. Мўсоев, зимни нишасти хабарї. - Аз ин шумора 4 њазору 926 нафарашон маъюби гурўњи якум, 22 њазору 962 нафар маъюби гурўњи дуюм, 12 њазору 940 нафар маъюби гурўњи сеюм мебошанд. «Ќайд кардан лозим аст, ки дар соли 2017 рафти љамъоварии маблаѓњои андози иљтимої дар шањру ноњияњои Кўлоб, Ёвон, Панљ, Сарбанд, Љ. Балхї, Ховалинг, Шањритўс, Бохтар, Вахш, Ќубодиён, Н. Хусрав, Хуросон, Восеъ ва Њамадонї ташвишовар буда, наќшаи пешбинишударо таъмин карда натавонистанд», афзуд ў. Инчунин, 33 њазору 925 нафар шањрвандони вилоят гирандагони нафаќаи суѓуртавї буда, нафаќаи суѓуртавї дар вилоят 242 сомонию 93 дирамро ташкил медињад, ки 1 сомонию 27 дирам нисбат ба нафаќањои дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъйини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» кам мебошад.
Бино ба иттилои Љ. Исматуллозода, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон шумораи умумии љавонон дар вилояти Хатлон 1 миллиону 81 њазору 6 нафар буда, нисбат ба соли 2016-ум 41 њазору 153 нафар зиёд мебошад. Имрўз дар вилоят 69 њазору 479 нафар љавонон машѓули тањсил њастанд,- зикр кард Љ. Исматуллозода. – Аз ин њисоб барандагони стипендияи Президентї 108 нафар, аз љумла 58 нафар духтар, гирандагони стипендияи раиси вилоят 80 нафар, стипендияи раисони шањру ноњияњо 521 нафарро ташкил медињад. Имрўз шумораи донишљўёни дар хориљи кишвар тањсилкунанда ба 1 њазору 928 нафар мерасад. Дар соли љавонон дар ноњияи Дўстї бо ишитроки Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Маркази фарањангии љавонон мавриди истифодабарї ќарор гирифт. Инчунин, зимни сафари кории Пешвои миллат дар арафаи таљлили љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Панљ майдони варзишї бо 6 њазор љойи нишаст ба истифода бода шуд. Дар баробари ин, дар ноњияи Шамсиддин Шоњин, барои бунёди варзишгоњ бо 6 њазор љойи
ЌАРЗДОРЇ АФЗОИШ МЕЁБАД шудааст. Инчунин, дар ин давра дар миќёси вилоят обшўйкунии 5926 гектар замин бењдошти замин ва обёрии ба наќша гирифта шудааст. Дар идомаи суњбат Шамсиддин Гадоев афзуд, ки сарфакорона истифода набурдани неруи барќ ва хунукназарии роњбарони идорањои ноњияњои Хуросон, Панљ, Муъминобод, Кўлоб, Данѓара ва Ховалинг хараљоти барќро аз 2 то 5 маротиба зиёд намудаанд. - Хараљоти барќ 343 млн 19 њазор кВт-ро ташкил дода, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 5 миллиону 209 њазор
кВт зиёд истифода шудааст, ки баќияи ќарз дар назди Идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии ноњияњои Љ. Балхї 10 миллиону 75 њазор сомонї, Ёвон 9 миллиону 469 њазор сомонї, Бохтар 6 миллиону 853 њазор сомонї ва Дўстї 5 миллиону 357 њазор сомонї расидааст, ки баќияи ќарзи Раёсати бењдошти замин ва обёрї ба њолати 31-уми декабри соли 2017-ум 36 миллиону 833 њазор сомонї мерасад. Иттилоъ дода шуд, ки баќияи ќарзи андоз ба њолати 31-уми декабри соли 2017 ба
Ман бароят љоннисорї мекунам, Эй Ватан, эй Тољикистони азиз. Ончунонат дўстдорї мекунам, Эй Ватан, эй Модари љони азиз.
нишаст санги асос гузоштанд. Айни замон дар ноњияи Восеъ бошад, корњои сохтмонии майдони варзишї бо 20 њазор љойи нишаст идома дорад, афзуд Љ. Исматуллозода. Дар соли 2017-ум 1 маљмааи варзишї дар ноњияи Темурмалик, 1 варзишгоњ дар ноњияи Панљ, 1 њавзи шиноварї дар ноњияи Муъминобод, 2 толори саќќобозї дар ноњияи Шамсиддин Шоњин, 8 толори варзишї бо намудњои волейбол, баскетбол дар шањру ноњияњои вилоят аз њисоби маблаѓњои буљетї сохта ба истифода дода шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони вилоят дар 86 мусобиќаи љумњуриявї бо фарогирии 2 њазору 803 нафар варзишгарон, аз ин 421 нафар бонувон ширкат варзида, сазовори 543 медали тилло, 530 медали нуќра, 678 медали биринљї гардиданд. Њамзамон, варзишгарони вилоят дар 26 мусобиќаи байналмилалї ширкат варзида, 32 медали тилло, 44 медали нуќра ва 60 медали биринљї ба даст оварданд.
20 миллиону 884 њазор сомонї мерасад. Баќияи ќарзи музди мењнати коргарон ба њолати 31 декабри соли 2017-ум 318 њазор сомонї аст, ки баќияи ќарзи музди мењнати коргарон, асосан, аз њисоби ноњияњои Љалолиддини Балхї 189, 7 њазор сомонї, Панљ 74,3 њазор сомонї ва Хуросон 54,6 њазор сомонї мебошад. Аз ин рў, ќарзи хизмати обрасонї сол то сол зиёд шуда ба њолати 1 январи соли 2018ум ба 65 миллиону 146 њазор сомонї расидааст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ВАХШ. САРШУМОРИ ЧОРВОИ МАЙДА МЕАФЗОЯД Ба якуми январи соли 2018 саршумори чорвои майдаи шохдор дар ноњияи Вахш ба 159 њазор сар мерасад, ки ин шумора дар соли 2016-ум 152 њазор сарро ташкил медод. Ба гуфтаи Амриддин Пайков, сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Вахш, имрўз хољагињои чорвопарварии Вахш оид ба афзун намудани саршумори чорво, бењсозии
зотњои сермањсул ва истењсоли мањсулоти хушсифати чорво рў ба бењбудї доранд. Зеро зиёд гаштани теъдоди чорвои майдаи шохдор дар ноњия худ гўяндаи он аст. Бояд гуфт, ки чорводорони ноњия бештар ба парвариш ва нигоњубини чорвои майдаи шохдори навъи зотї, аз ќабили гўсфандони њисорї ва карпатї машѓул њастанд.
ЃУРУРИ КОРМАНДИ АМНИЯТ
Воќеан чорводорї ва тараќќї додани он яке аз самтњои асосии фаъолияти соњаи кишоварзї ба њисоб рафта, баланд бардоштани истењсоли мањсулоти чорво ва такрористењсолкунии он вазифаи асосии чорводорон мебошад. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»
Бањри њифзи марзу бумат эй Ватан, Синаи худро сипар хоњам намуд. Гарчи душман ќасди ѓасбатро кунад, Наќшаи ўро дигар хоњам намуд. Ман зи бањри амният дар Мењанам, Рўзу шаб бедорхобї мекунам. То равад андар фалак овозаат, Сўи маќсад роњкобї мекунам. Ман ба мисли Рустами фахри замон, Давлатамро посбонї мекунам. Њам шабењи Коваи оњангаре, Парчамашро парфишонї мекунам. Бо њамин дастони поку чашми дил, Ман њаќиќатро ба њаќ љўяндаам. Дар фазои сулњу Вањдат бо њавас, Ман зи амну амният гўяндаам. Бо дили гарму сари сарду ба љон, Пешсаф доим ба њифзат эй Ватан. То рамаќ бошад маро андар бадан, Посдори номи некат эй Ватан.
ЉОН МЕСУПОРАМ Барои Мењану халќи кабираш, Барои кўдаку њам фарди пираш, Барои санги њар пушти адираш, Агар лозим шавад љон месупорам. Барои сарњаду марзу маконаш, Барои родмардони замонаш, Барои зиндагону мурдагонаш, Агар лозим шавад љон месупорам. Барои сабзаву оби равонаш, Барои нозњои духтаронаш, Барои ишќи поки нављавонаш, Агар лозим шавад љон месупорам. Барои водии Вахшу Зарафшон, Бадахшону Њисору Рашту Хатлон, Барои хоки поки Тољикистон, Агар лозим шавад љон месупорам. Барои шахси пурфайзу ба эњсон, Барои ќањрамон-Эмоми Рањмон, Барои хизмати ин марди майдон, Агар лозим шавад љон месупорам. Барои кишвари доимбањорам, Барои миллати овозадорам, Ба зери теѓ бошам, ё ба дорам, Агар лозим шавад љон месупорам. Исмоил Шарифї
СУЛТОН ЊАМАД - ДУЗДИ ХОНАИ ХУД
Мусоњибаи хабарнигори мустаќил Суњроби Низом бо Сталина Юлдошева ва Эмомназар Тошматов кормандони собиќи маќомоти амнияти миллии кишвар дар ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон - Шумо дар замони бисёр њассоси таърихї, яъне дар солњои љанги шањрвандї дар маќомоти амният кор кардаед. Мегуфтед, ки фаъолият дар маќомот њангоми муќовиматњои сиёсї бароятон осону бехатар буд? С. Юлдошева: - Ман аз соли 1984 то 2009 дар шуъбаи амнияти ноњияи Ќубодиён ба њайси коргузор кору фаъолият кардам. Бо бисёре аз сардорони бевосита ва кормандоне, ки дар шуъбаи ноњиявии Ќубодиён кор мекарданд, муносибати хуби корї ва дўстона доштам. Аввалњои солњои 90-ум вазъияти сиёсї-љамъиятї дар љумњурї, алалхусус дар вилояти Ќўрѓонтеппа, каме мураккаб гашт. Неруњои иртиљої ва фундаменталистони исломї ба арсаи сиёсат ворид шуда, дар мањалњо аллакай таъсиру нуфуз доштанд. Баъзе рўњониёни мутаассиб, ба монанди С. А. Нурї, А. Тўраљонзода, Давлат Усмон, Домулло Мањмадрасули љиликўлї, Эшони Давлатхуљаи панљї, Эшони Давлатхуљаи ќумсангирї ва дигарон, ки аќоиди исломи радикалї ва ѓояњои вањњобияро ташвиќу тарѓиб намуда, идеологияи нави ифротиро бар гардани љомеаи мо бор карданї буданд. Мањз хамин давра фаъолияти маќомоти амният мебоист пурзўр шуда, љињати ошкору пешгирии зуњуроти номатлуби гўшношунид аз тамоми имконоти воќеї истифода барад. Он замон, ки дар шуъбаи ноњиявї теъдоди кормандони оперативї кам буд, масъулияти гароне бар дўши онњо афтода буд. - Дар он вазъ чї гуна мушкилоте кори маќомоти амниятро халалдор месохт? - Ёд дорам, ки охири солњои 80-ум Давлат Бобоев ба вазифаи сардори шуъбаи ноњиявї таъин гардида буд. Яке аз ваколатдорони шуъба он замон Султон Њамадов таъин гашта буд. Ба назар чунин менамуд, ки шахси масъули иљрои тамоми вазифањои амният дар ноњия танњо худи сардор мебошад. Зеро, С. Њамадов аз ибтидо бо тамоюли раванди вазъият ва муташанниљ гаштани он бепарвої зоњир мекард. Зиёда аз ин, низоми кор ва мартабот (субординация)-и њарбиро умуман риоя намекард. - Ба фикри шумо, чаро ў чунин амалро раво медид? С. Њамадов бо ин рафтораш чї мехост? Дар чунин шароити њассос, чунон њолате, ки аќидањои мањалгарої ављгирифта, нафрату кини намояндагони як мањал бар мањалли дигар бо шиддат боло мерафт ва хатари љиддие ба сохти конститутсиониву
низоми давлатдорї тањдид мекард, вазифаи муќаддаси корманди амният буд, ки вазъро биомўзад, маќомоти марказиро огоњ намояд, вохўрї бо сарчашмањои оперативии худро вусъат бахшад. Аммо тамоми ин гуфтањо гўё ба С. Њамад дахл надошт. - Аз ўњдаи кор намебаромад ё хислатан чунин буд? Аз ўњдаи кор мебаромад, аммо намехост. Хислатан шахси дарундор буд. Доим менолид, њама ваќт норозї буд. Фикр мекард, ки танњо ў босавод њасту атрофиён њама бесаводанд. Мегуфт, ки ў бо он донишу савод ва малакааш, бояд на кам аз сардори шуъба ва ё муовини сардори раёсат бошад. Мањз аз њамин нуќтаи назар ягон сардори худро намепазируфт. Мехост, ба кор меомад, намехост - не, мехост њуљљат омода мекард, намехост, њафтае њатто як санад њам наменавишт. Чандин маротиба, зимни љаласањои корї аз пайи кору бори худ мешуд. Дар ин љо ронандаи шуъба Эмомназар Тошматов ба суњбат њамроњ шуда, гуфтањои Сталина Юлдошеваро тасдиќ менамояд: - Дар њаќиќат, Султон Њамад хислати вазнин дошту бо кормандони шуъба аз аввал то охир унс намегирифт. Њамагон фикр мекарданд, ки шояд дар заминаи ягон далели солњои гузашта Султон Њамад ба сардори худ хусумат дорад. Аммо баъд аз оне, ки таќрибан соли 1990 баљойи Бобоев Д. Б., Р. Мањмадалиев ба њайси сардори шуъба таъин гардид, њолати рўњї-равонии Султон Њамад бакуллї дигар гашта, ба иборае «ба пўстинаш кайк даромада буд». Зуд-зуд асабонї мешуд. Ба ману Сталина мегуфт, ки бояд ў сардори шуъба таъин мешуд. Баъдан низ С. Њамад чунин рафтору кирдори худро идома медод. Чуноне буд, њамон хел монд. Баръакс, норозигиаш аз њамаи њайати шахсї зиёдтар шуд. Бисёр менўшид. Дар њолати мастї худро «нобиѓа» мешумурд, мегуфт, ки «ман журналисти нотакрорам». Хуллас, тобистони соли 1992, замоне ки аллакай вазъият дар сатњи изтиробї буд, алангањои љанги шањрвандї эњсос мешуд ва ќуввањои иртиљої ба маќсаду мароми худ «ноил» мегаштанд, Султон Њамад фаъолу серташвиш гашта буд. Матлабњои дар ВАО-и љумњуриявї, алалхусус дар рўзномаи оппозитсионии «Чароѓи рўз» нашршударо мехонд, њамеша дар љараёни вазъи љумњурї ќарор дошт. Аз њар як «фатњу ѓалабањо»-и мухолифин дар пойтахти кишвар хушњол мегашт. Бо намояндагони мухолифини дар
вилояти Ќўрѓонтеппа дар алоќаи доимї ќарор дошт. Тахминан моњњои август-сентябри соли 1992 барои назорати минтаќаи оперативї сардори шуъба Р. Мањмадалиев њамроњ бо ман, ки ронандааш будам, инчунин прокурори њамонваќтаи ноњия Ќ. Муњаббатов ба самти ноњияи Шањритуз равон шудем. Дар назди дидбонгоње нафарони номаълуми мусаллањ моро боз дошта, ба асорат гирифтанд. - Маќсад чї буд, маълум нашуд? - Баъдтар муайян гардид, ки нафарони мусаллањ аз гурўњи Алї Њалимов (бо тахаллуси «Алї беспалый») - яке аз хунхортарин шахсиятњои љанги шањрвандї аз љониби ЊНИТ буда, кормандони амниятро дидаву дониста «шикор» мекардаанд. Овозае низ вуљуд доштанд, ки Султон Њамад дар ин кор бевосита даст дошт. Баъди ба асорат гирифтани нафарони мазкур сардори ШВКД дар ноњияи Шањритуз Турахон Ташрипов, ки миёни ањолї бештар бо лаќаби «Штирлиц» маъруф буд, ба муовини худ полковник Нидоев супориш дод, ки сардори амният ва прокурори ноњияи Ќубодиёнро аз асорати «Али беспалый» рањо кунад. Мањз њамин тариќ мо озод карда шудем. Дертар Султон Њамад назди кормандон лоф зада буд, ки барои рањоии мо гўё ў низ «миёнадарої» карда бошад, ки дурўѓи мањз буд. - Аз ин љо бармеояд, ки хатари воќеї ба њаёти роњбарону кормандони маќомоти амният вуљуд дошт. Баъдан чї шуд? - Баъди оне, ки ба њаёт ва амнияти шахсии Р. Мањмадалиев ва ањли оилаи ў хатари воќеї тањдид кард, ў бо супориши роњбарият ба шањри Ќўрѓонтеппа рафт. Султон Њамадов аз ин ба баъд худро роњбари шуъба муаррифї намуда, бо бањонаи мураккабшавии вазъият ва тањдиди хатар ба љони кормандони амният, маро, ки ронанда будам, котиба ва њатто ќаровулњоро аз кор озод намуда, љавоб дод. Капитан Сергей Чистяков ном кормандро низ, ки ба њайси ваколатдор таъин гашта буд, љавоб дод ва аз ў таппончаи табелии тамѓаи «Макаров»-ашро гирифт. Чистяков бо ањли оилааш, бо дастгирии Исмат-ака ва Асад ном намояндагони Фронти халќии минтаќаи Ќубодиён, тавассути ноњияи Шањритуз ба шањри Термизи Ўзбекистон ва аз он љо ба Федератсияи Россия фирор кард. - Пас аз ин њама фирорњо ва нобасомонињо, оё дар шуъбаи амният нафаре боќї монда
буд? - Дар шуъба танњо С. Њамадов монда буд ва аз њисоби мухолифин ба худ ронандае интихоб кард. Гумон дошт, ки дар сурати ѓалабаи мухолифин ўро ба вазифаи калони маќомоти амният таъйин мекунанд. Тибќи маълумотњо, роњбарони ЊНИТ ва иттињоди неруњои оппозитсионии тољик чандин маротиба дар дохили шуъба љамъ омада, њамроњ љаласа мегузаронданд ва наќшањои душманонаи худро тарњрезї мекарданд. - Пас чунин бармеояд, ки «муљоњидон» тамоми молу амволи шуъбаро ѓорат кардаанд? Агар «муљоњидон» ѓорат мекарданд, аламовар набуд. Гап сари он аст, ки ба амонати шуъба худи Султон Њамад хиёнат кард. Таќрибан моњи ноябри соли 1992, Султон Њамад 2 автомобили хизматии шуъба - УАЗ469-ро, ки дар њолати хуби техникї ќарор доштанд, инчунин як АК, ду ПМ, 10 љуфти сару либоси њарбї, 4 ќуттии тирро дуздида, баъдтар бо худ ба Љумњурии исломии Афѓонистон бурд. Дертар маълум мешавад, ки њамаи онро ба ивази маблаѓи калон фурўхтааст. Зеро талаботњои манфиатхоњона ва тамаъљўёнаи ў доим дар љойи аввал меистоданд. - Яъне Султон Њамад - корманди КГБ бо «муљоњидон» мепайвандад ва ба ЉИА фирор мекунад. Ман як чизро намефањмам, Шумо дар боло ишора кардед, ки «Султон Њамад бисёр менўшид, дарду алами худро бо араќ мебаровард». Пас чї гуна «муљоњидон» ба ин «араќхўр» бовар карданд? Барои чунин афрод иваз кардани мавќеъ ва хислат кор сањлу осон аст. Аз эњтимол дур нест, ки дар он сўи Омў Султон Њамад «шайх»-у «эшон» низ шуда бошад, ки медонад?! Ин љо беихтиёр шеъре ба ёдам мерасад, ки: Эй, ки дар масљид равї бањри суљуд, Сар биљунбад, дил наљунбад, ин чї суд? Боиси таассуф аст, ки чї гуна хатмкардаи мактаби бонуфузи КГБ, нафаре, ки барои таъмини амнияти миллии халќу ватани худ замоне ќасам хўрда, аз ин маќомот музди маош гирифтааст, тавонист молу амволи давлати худро дуздида, ба муќаддасоти давлатии худ хиёнат кунад, вале чун замона дигар гашт (яъне чун сулњи деринтизор ба Ватан баргашт), ў низ дигар гаштаву ба ин маќомот ба кор баргашт. Њоло бошад аз њисоби њамин нињод давлати пирї меронад. - Барои суњбат сипосгузорем, ташаккур!
4
ХАТЛОН
панљшанбе, 1 феврали соли 2018, №4 (3141)
ЉИНОЯТКОРИИ НОБОЛИЃОН КОЊИШ МЕЁБАД
Идораи рўзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки тањти рубрикаи нави «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот дињад. Тавре ки маълум аст, тољикон дорои таъриху фарњанги ќадимї ва пурѓановат буда, бо њунармандию гулдастиашон машњури олам гаштаанд.
Соли 2017 дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 157 њолати содиршавии љиноят аз тарафи ноболиѓон ба ќайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли пешин 65 њолат кам мебошад.
АТЛАС ВА АТЛАСБОФЇ Атлас либоси дўстдоштатарини занону духтарони тољик аст. Воќеан њам, бонувони тољик аз ќадимулайём аз матои атлас пироњанњои шинаму мунаќќаш дўхтаву ба бар мекарданд, аз ин љост, ки бозори атлас њамеша гарму серхаридор аст. Атлас навъе аз матои абрешимї ва нимабрешимист. Аз атласи абрешимї асосан либоси занона, аз атласи нимабрешимї бошад, кўрпаю кўрпача ва ѓайра медўзанд. Дар гузашта атласи Хуљанд, Самарќанд, Конибодом, Андиљон хеле машњур буд. Атласи олисифат ва хушрангро хонатлас меноманд, ки дар дастгоњњои махсус мебофанд. Нусхањои анъанавиаш шоњсабз, барги карам ва атласи сиёњ ном доштанд. Ду навъи атласи анъанавї: чорпопушалї ва њаштпопушалї маъруф буд. Корхонањои дар Душанбею Хуљанд, Шањринаву Ќўрѓонтеппа воќеъгардидаи иттињодияи “Тољикатлас” зиёда аз 25 навъи атлас - “Бањори Тољикистон”, “товус”, “љавонї”, “туњфа”, “тўёна”, “муњаббат”, “дилором” ва ѓайра
истењсол мекунанд. Мардуми тољик дар «Шоњроњи абрешим» (аз Чин то Fарб) дар давоми њазорсолањо бо матоъњои абрешимии худ маъруф буд. Намунањои абрешими суѓдї то имрўз дар осорхонањои Аврупо, Осиё ва Амрико њифз мешаванд. Матоъњои нафису њайратовар ва наќшу нигоршудаи тољик дар бозорњои мамолики Шарќу Fарб хеле серхаридор буданд. Дар санъати ороиши матоъњо даврањои мураккаби таърихи бисёрасраи он, эљодиёти њазорњо устодони боистеъдоди тољик инъикос ёфтаанд. Бофандањои тољик дар санъати тайёр намудани матоъњои абра/авра ба дараљаи олї расида буданд. Дар Тољикистони таърихї (Бухоро, Самарќанд, Марѓелон) ва
имрўза (Хуљанд, Њисор, Конибодом, Ќўрѓонтеппа) дар нимаи дувуми асри ХIХ беш аз 25 навъи матоъњои назаррабою хушранг, аз љумла атлас, хонатлас, адрас, рўйљойњои абрешимї истењсол мешуданд. Тарзи тайёр ва истењсоли матоъњои шоњї, нимшоњї, пахтагии тољик басо куњан аст ва пайдоиши ин тарзи истењсоли матоъњо аз анъанањои бофандагии тољик сарчашма мегирад. Истилоњи матоъњои абра/авра имрўз асосан байни тољикон минтаќањои асосии тољикнишини Бухоро, Самарќанд, Марѓелон, Хуљанд, Истаравшан, Исфара, Њисор, Душанбе, Шањринав, Регар, Ќўрѓонтеппа (Леваканд), умуман, дар водии Вахш ва ѓайра боќї мондааст. Матоъњои абра/ авра матоъњои пурќимате мебо-
шанд, ки дар тайёр намудани сару либос ва рўйи анљом истифода мегаштанд. Аз лињози тарзи бофт матоъњои абраро ба ду гурўњ таќсим мекунанд: матоъњои бофти гарнитурї ва бофти атласї. Гурўњи матоъњои бофти атласї - матоъњои њамвори љилодор асосан матоъњои абрешимиро дар бар мегиранд: атласњои чоргула, хонатлас - њаштгула ва ё дувоздањгула, матоъњои нимабрешими якрўя. Зебої ва тобиши бофти атлас вобаста ба шумораи гулаи бофт аст, ки шумораи онњо сифати матоъњои атласро бењтар менамоянд. Вобаста ба теъдоду зичии гула атласњо ба чунин навъњо табаќабандї мешаванд: чоргулаи одї, њаштгула ва дувоздањгула. Бо фарорасии љашни Сада, ки муждаи бањор аст ва аз омад-
омади Наврўзи дилафрўз ба кишвари азизу бињиштосоямон дарак медињад, дар баробари эњёи табиат ва пургулу сабзапўш гаштани атроф, бонувони тољик њам ба пўшиши пироњанњои зебову назаррабои миллї рў меоранд. Дарвоќеъ, духтарони атласу чаканпўшу тоќибасар ба њусни табиат њусни дигар зам мекунанд. Љилваи пироњани атлас бар тани духтарон нишонае аз фарорасии Наврўзи хуљастапай аст. Ин гувоњи он аст, ки мардуми тољик њељ ваќт расму ойин ва маданияти ќадимии хешро гум намекунад ва кўшиши ривољу равнаќ додани онро дорад. Масъули гўша Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Аз фаъолияти бонувони муваффаќ Соњибкори ватанї Шањло Бурњонова, ки роњбари коргоњи дўзандагии «Зебо-75»-и ноњияи Шањритўс аст, тавонист дар се сол ширкати худро ба яке аз корхонањои пешрафтаи истењсолї табдил дода, дањњо нафарро бо љойи кори доимї таъмин кунад. Тавре ки маълум, дар кишварњои пешќадами дунё аз 40 то 80 фоизи љойи кор аз њисоби корхонањои хурду миёна муњайё мешавад. Чунин коргоњњо аз 30 то 70 фоизи мањсулоти дохилиро тавлид мекунанд. Њукумати Тољикистон солњои охир дар масъалаи дастгирии њуќуќї, молиявї ва маънавии соњибкорон, хусусан занони соњибкор, тадбирњои зиёд меандешад. Зеро бизнеси хурду миёна барои бењ намудани сатњи иќтисодї наќши хеле муњим мебозад. Ба андешаи коршиносон, ду љињати муњими соњибкорї бояд дар мадди назари давлат бошад: а) зиёд намудани сафи онњое, ки худашон ба кор таъмин буда, дигаронро соњиби кору даромад месозанд; б) ба кор љалб намудани ањолї, бештар занон ва муќовимати иљтимоиро паст сохтан. Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба масъалаи соњибкории занон ањамияти хоса зоњир карда, њимоя ва дастгирии давлатии соњибкориро сиёсати афзалиятдори кишвар эълон намудаанд. Роњбари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки тибќи санадњои барномавї, њиссаи бахши хусусї дар сармоягузории умумї то соли 2020 ду баробар афзоиш дода мешавад. “Чунин њадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароњам овардани фазои мусоид ва љорї намудани усулњои њавасмандгардонии фаъолияти соњибкориву сармоягузорї дар мањалњо эътибори аввалиндараља дињем”, - омадааст дар Паём. Тибќи тањлилњо, дар Љумњурии Тољикистон аз њисоби умумии соњибкорони инфиродї 40%-аш занонанд, аммо танњо 10%-и онњо хољагињои дењќонї ва 19%ашон муассисањои хурду миёнаро роњбарї мекунанд. Њукумат дар самти рушди соњибкории занон чораљўї намуда истодааст, ки таъмин намудани соњибкорзанон бо грантњо ва пурзўр гардонидани тадбирњо барои таќвияти баробарии гендерї аз љумлаи онњост.
ШАЊЛО “ЗЕБО”-РО ЭЊЁ КАРД
Соњибкори ватанї Шањло Бурњонова аз љумлаи соњибкорзанони муваффаќест, ки дар рушди саноат, таъсиси љойњои нави корї ва ба њунаромўзї фаро гирифтани дањњо нафар занону духтарони бешуѓл дар мањал сањми намоён дорад. Ў моњи майи соли 2015 дар ноњияи Шањритўс коргоњи дўзандагии «Зебо-75»-ро таъсис дода, ба истењсоли либосњои мактабї машѓул гардид. Ин корхона тайи се соли аввали фаъолияташ барои ќариб 30 њазор нафар хонандагони муассисањои таълимии ноњияи Шањритўс либоси ягонаи мактабї тањия намудааст. - Дар замони шўравї дар ноњияи мо коргоњи маъруфи дўзандагї бо номи “Зебо” мављуд буд, - мегўяд Ш. Бурњонова. – Мањсулоте, ки ин коргоњ истењсол мекард, босифату хуштарњ буд, аз ин рў, харидори зиёд дошт. Аммо, дар солњои љанги шањрвандї ин коргоњ аз фаъолият бозмонд, кормандонаш бекор монданду парешон гаштанд. Ваќте ки барои таъсис додани коргоњи дўзандагї азм кардам, хостам, ки аз њамон бренди “Зебо” истифода кунам ва шуњрати азёдрафтаи коргоњи дўзандагии пешинаро дубора барќарор намоям. Хуллас, корхонаро таъсис додему бо номи “Зебо-75” ба ќайд гирифтем ва бонувонеро, ки дар замони шўравї дар корхонаи “Зебо” кор мекарданд, аз сари нав даъват намуда, њоло бо онњо якљоя фаъолият дорем. Њоло дар коргоњи дўзандагии “Зебо-75” 35 нафар бо кори доимї машѓул буда, маоши миёнаи моњонаашон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медињад. Аммо дар мавси-
ЭЪЛОНИ ЉОЙИ КОРИ ХОЛЇ
ми дўхтани либосњои мактабї шумораи кормандон ба беш аз 60 нафар мерасад. Дар баробари таъмини хонандагони 54 муассисаи таълимї бо либоси ягонаи мактабї, инчунин коргоњи мазкур бо муассисањои соњаи тандурустї, хизмати коммуналї, љамъияти матлуботи ноњия барои омода намудани либоси ягона ё худ махсуси корї шартнома баста, онњоро таъмин менамояд. Ќобили ќайд аст, ки коргоњи дўзандагии «Зебо-75» дар озмунњои сатњи вилоятиву љумњуриявї љињати дўхти либоси ягонаи мактабї бо имиљи миллї иштирок намуда, яке аз бењтарин коргоњњо эътироф шудааст. - Мо тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик бо маќсади васеъ ба роњ мондани фаъолияти коргоњ ва таъсис додани сехњои хурди он дар њудуди љамоатњои шањраку дењоти ноњияи Шањритўс аз њамаи имконияту шароитњои мављуда истифода барем, - гуфт Шањло Бурњонова зимни суњбат бо мо. - Маъмурияти коргоњи мо дар давоми се соли фаъолияти худ њамеша бо маркази минтаќавии “Тољикстандарт” дар ноњияи Шањритўс робитаи зичи њамкорї дошта, мањсулотамон бо сертификати сифати дўхти либос таъмин буда, ба меъёрњои стандартї љавобгў мебошад. Бо таваљљуњ ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, коргоњи дўзандагии “Зебо-75” тасмим гирифтааст, ки имсол дар либосњои ягонаи мактабї наќшњои зебои миллиро илова намояд. Ин идеяро маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шањритўс ва омўзгорону волидайн хуш пазируфтанд. Тавре ки Ш. Бурњонова иттилоъ дод, дар соли тањсили 2018-2019 коргоњи дўзандагии “Зебо-75” барои тањияи 15700 адад либоси мактабї барои 54 муассисаи таълимии ноњияи Шањритўс шартнома бастааст. Њамчунин, коргоњи “Зебо-75” барои 1800 омўзгори ноњия низ либоси ягонаи корї тањия хоњад кард. - Мо имсол тибќи шартнома ният дорем, ки барои 850 корманди муассисањои тиббии ноњия, 1100 нафар тољирони бозорњои
ноњияи Шањритўс низ либосњои корї бидўзем, – афзуд роњбари коргоњи “Зебо75”. - Дар се соли фаъолиятамон, инчунин, барои зоироне, ки аз ноњияњои Шањритўс, Ќубодиён ва Носири Хусрав барои адои њаљ мерафтанд, либоси ягона тањия намудем. Ќобили зикр аст, ки нархи либосњои мактабии ин коргоњ аз бозор таќрибан 1020% пасттар мебошад. Дар соли 2018 Шањло Бурњонова азми васеътар намудани доираи фаъолияти коргоњашро дошта, мехоњад сехи бофандагї таъсис дода, ба истењсоли дастархонњои миллии дастдўзї, бо дизайни муосири миллї тањия намудани тахтпўш ва дигар лавозимоти рўзгор машѓул шавад. “Наќшањоямон зиёд аст. Оянда мехоњем барои 300 нафар занону духтарони мањаллї љойи кор муњайё намоем. Имсол барои 1012 нафар курси омўзишии њунарњои дастї ташкил карда, онњоро ба кори доимї фаро гирем. Дар баробари ин ки њар сол то 25 нафар занони хонанишин аз омўзишњои назди корхонаи мо мегузаранд, барои таљрибаомўзии донишљўдухтарони литсейи касбї-техникии ноњия низ шароити мусоид фароњам меорем”, - зикр намуд Ш. Бурњонова. Ќобили зикр аст, ки 4 августи соли 2017 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њангоми сафари кориашон дар ноњияи Шањритўс бо мањсули дасти дўзандањои коргоњи “Зебо75” ошно гардида, ба фаъолияти бонувону духтарони он бањои баланд доданд. Сарвари давлат инчунин дар мулоќоти баъдинаашон дар ноњияњои дигари вилояти Хатлон ва њамоиши љумњуриявии соњибкорон дар шањри Душанбе аз коргоњи “Зебо-75” ёдовар шуда, фаъолияти босамари онро ба њамагон муаррифї намуданд. - Мо - соњибкорони ватанї, аз ин лутфу инояти Пешвои миллат изњори сипосу миннатдорї карда, тамоми нерую мањорат ва њунари хешро ба он равона менамоем, ки сатњу сифати корамонро мувофиќ ба талаботи замон роњандозї созем, дар таъмини дањњо нафар духтарону бонувон бо љойи кори доимї ва рушду нумўи љумњурї дар соњаи саноати сабук сањми арзишманди хешро гузорем, - хулоса кард Ш. Бурњонова. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
ОБЪЯВЛЕНИИ ПОЗИЦИЙ
Ба Ташкилоти ѓайритиљоратї Коршиносони
Международной некоммерческой организации
зерини соњаи маркетинги кишоварзї лозим аст
нужны эксперты по маркетингу сельского хозяйства
Ташкилоти дар ШМА љойгиршуда, ки бо мардуми зиёд дар тамоми љањон тавассути барномањо дар соњаи кишоварзї, идоракуниии захирањои табиї, “энергияи сабз” ва барои љавонон фаъолият мекунад, коршиносонро дар соњаи кишоварзї дар шањри Бохтар ба кор ќабул мекунад. Мо ба коршиносони тахассусии зерини соњаи кишоварзї ниёз дорем: Мутахассиси мањсулоти ширї – истењсоли мањсулоти ширї ва фурўши онро дар бозорњо бењтар намуда, низоми мувофиќати онро бо корхонањои хурду миёна сода мегардонад. Мутахассиси соњаи соњибкорї – масъули муайян намудани имконот барои дастгирї љињати бунёди иќтидори соњибкорї тавассути ассотсиатсияњои тиљорати мањаллї, донишгоњњо, ТЃЊ ва тањвилдињандагони хизматрасонї мебошад. Менељери шарикї ва маблаѓњои сармоягузорї – шарикї ва маблаѓњои сармоягузориро идора намуда, самаранокї ва ба талаботњои барнома љавобгў будани тартиботи субшартномањо ва грантњоро таъмин менамояд. Директори омўзиши мониторинг ва бањодињї – наќшаи мониторинги лоињаро дастгирї намуда, низомро барои пайгирии натиљањо ва фаъолияти лоиња тањия менамояд. Муњосиб – љанбањои молиявї, амалиётї ва логистикии лоињаро дастгирї менамояд. Менељери маъмурї – барои идоракунии рўзмарраи идораи лоиња, аз љумла хариди лавозимот, низоми идоракунии дафтар, идораи наќлиёти дафтар ва ѓайрањо масъул мебошад. Мо ба њамагуна таљрибаи коршиносон дар бахши хусусї афзалият медињем. Рўзи панљшанбе, санаи 1-уми феврали соли 2018-ро “РЎЗИ ГУЗАРОНИДАНИ МУСОЊИБА” эълон менамоем. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба раќами 900409944 паёмак фиристед.
Американская международная организация, работающая с людьми во всем мире в области сельского хозяйства, управления природными ресурсами, чистой энергии и молодежных программ! Мы ищем следующих экспертов сельского хозяйства старшего звена в Курган-Тюбе: Специалист по молочным продуктам - улучшит продуктивность и маркетинг молочных продуктов и облегчит системы соответствия малым средним предприятиям. Специалист по предпринимательству - ответственен за выявления возможностей для оказания поддержки в создании потенциала предпринимателя посредством местных бизнес-ассоциаций, Менеджер по партнерским и инвестиционным фондам - управляет Партнерством и Инвестиционным фондом, обеспечивая эффективность процедур субподряда и грантов и отвечает потребностям программы. Мониторинг и оценка обучения - поддерживает план мониторинга проекта и разрабатывает систему отслеживания общей деятельности и результатов проекта. Бухгалтер - поддерживает финансовые, операционные и логистические аспекты проекта. Данная позиция также включает в себе счета и бюджетные расходы. Административный менеджер - отвечает за ежедневное управление офисом проекта, включая закупку канцелярских товаров, управление офисными системами, в том числе управление служебными автомобилями и т. д. Предпочтение отдается любому предыдущему опыту в частном секторе. Мы проведем «ДЕНЬ ИНТЕРВЬЮ» для всех квалифицированных заявителей в четверг, 1 февраля 2018 года. Для получения дополнительной информации, пожалуйста, напишите на номер 900409944.
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир: Асалмо САФАРОВА
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.
Ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исоев љиноятњои содиршуда аз тарафи 107 нафар ноболиѓон ба ќайд гирифта шудаанд, ки аз онњо 80 нафарашон кўдакони мактабхон буда, 27 нафари боќимонда аз тањсил дар мактаб дурмондаанд. Мутобиќи моддаи 90 нисбати 6 њазору 433 нафар падару модарон протоколи маъмурї тартиб дода, аз њисоби 4 њазору 207 нафарашон ба маблаѓи 519 њазору 270 сомонї љарима ситонида, 1 њазору 197 нафар огоњонида шудаю 887 нафари дигар мавриди баррасї дар суд ќарор доранд.
Ба гуфтаи Д. Исоев соли равон дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон њарчанд њолатњои содиршавии љиноят аз тарафи ноболиѓон нисбати њамин давраи соли гузашта кам ба ќайд гирифта шуда бошад њам, ин њодисањои номатлуб маорифчиёнро бе тараф монда наметавонад. Онњо барои коњиш додани сатњи љинояткорї аз њисоби мактаббачагон ё худ ноболиѓон њамаи чорањои заруриро андешида, садди роњи ин падидаи номатлуб мегарданд. Низомиддин ИСОЕВ, “Хатлон”
Сарраёсати агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмуни кушода
эълон менамояд
Дастгоњи марказии Сарраёсат: 1.Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи иљтимої-1 љой, маоши мансабї-1475,80 сомонї. 2.Сармутахассиси Раёсати кишоварзї, њифзи муњити зист, мењнат ва молия-1 љой, маоши мансабї-941 сомонї. 3.Сармутахассиси буља - 2 љой, маоши мансабї - 941 сомонї. 4.Сармутахассиси шуъбаи сохтмон - 1 љой, маоши мансабї - 941 сомонї. 5.Сармутахассиси Раёсати љамъбастї ва табъу нашр - 1 љой, маоши мансабї - 941 сомонї. 6.Сармутахассиси шуъбаи иљтимої - 1 љой, маоши мансабї-941 сомонї. 7.Сармутахассиси бахши кадрњо1 љой, маоши мансабї-941 сомонї. 8.Мутахассиси пешбари шуъбаи иљтимої-1 љой, маоши мансабї-806 сомонї. 9.Мутахассиси пешбари Раёсати љамъбастї ва табъу нашр-1 љой, маоши мансабї-806 сомонї. 10.Мутахассиси Раёсати љамъбастї ва табъу нашр - 1 љой, маоши мансабї-549 сомонї. 11.Мутахассиси шуъбаи буљаи хонавода - 1 љой, маоши мансабї-549 сомонї. 12.Мутахассиси шуъбаи сохтмон -1 љой, маоши мансабї-549 сомонї. Шањру ноњияњои вилоят: 1. Сармутахассиси шуъбаи омори ноњияи Шањритўс -1 љой, маоши мансабї- 774 сомонї. 2. Сармутахассиси шуъбаи омори ноњияи Вахш - 1 љой, маоши мансабї774 сомонї. 3. Мутахассиси пешбари бахши омори ноњияи Абдурањмони Љомї -1 љой, маоши мансабї-774 сомонї. 4. Мутахассиси пешбари Раёсати омори ноњияи Бохтар-1 љой, маоши мансабї 603 сомонї. 5. Мутахассиси пешбари бахши омори шањри Норак-1 љой, маоши мансабї-603 сомонї. 6. Мутахассиси пешбари бахши омори ноњияи Ќубодиён-1 љой, маоши мансабї-603 сомонї. 7. Мутахассиси шуъбаи омори ноњияи Шањритўс-1 љой, маоши мансабї-549 сомонї 8. Мутахассиси шуъбаи омори ноњияи А. Љомї-1 љой, маоши мансабї 549 сомонї.
Талаботи тахассусї барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати давлатї Барои ишѓолкунандагони мансаби муовини сардори раёсат, сардори шуъбаи иљтимої: -тањсилоти олии касбї, математика, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -5 сол собиќаи хизмати давлатї ё 6 сол собиќаи умумии мењнатї; -малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї. Барои ишѓолкунандагони мансаби сармутахассис: -тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї; -малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї. Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: -тањсилоти олии касбї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -1 сол собиќаи умумии мењнатї. Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассис: -тањсилоти олї ё миёнаи касбї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: - Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон (бахши кадрњо), телефон : 2-91-06; - суроѓа: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Вањдат-49 «А» (назди Маркази саломатии кўдаконаи шањри Ќўрѓонтеппа), индекс: 735140, факс: 2-55-71. Ќабули њуљљтњо тибќи эълони озмун дар нашрияњои расмї. Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
Диќќат: Музояда!
Иљрочиёни суди ноњияи Вахш Нурзода Сирољиддин Сайвалї рўзи 3 марти соли 2018 соати 11:00 музоядаи такрорї бо кам кардани 15% аз маблаѓи ибтидої оид ба фурўши манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Вахш, ки тањти њабс ќарор дорад эълон менамояд. № Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
Соли сохтмон шуда
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
1.
Манзили истиќоматии як ошёна, иборат аз шаш њуљра ва дорои пешайвон, мошинсарой, соябон
Тахминан солњои 2008
Ноњияи Вахш, Љамоати дењоти 20-солагии истиќлолияти Тољикистон, дењаи Пешќадам
112200 (яксаду дувоздањ њазору дусад) сомонї
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда: ноњияи Вахш, љ-ш Вахш, кўчаи Ленин, утоќи кории иљрочиёни суд анљом дода мешавад. Музоядаи такрори рўзи 3 марти соли 2018 соати 11:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї гузаронидани маблаѓ ба суратњисоби иљрочиёни суди ноњияи Вахш дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83246) 2-45-89,2-45-87, 2-42-22 ва 93-955-66-68 гирифта метавонед. Таваљљуњ: музояда! Иљрочиёни суди ноњияи Бохтар барои ба фурўш баровардани амволи ѓайри манќули тањти њабсќарордошта - манзили истиќоматии воќеъ дар ноњияи Бохтар, Љамоати шањраки Бохтариён, дењаи Навобод, иборат аз як ошёна, 4 њуљраи зист, масоњати умумї 128 мм мебошад. Масоњати зист 52.50 мм. масоњати ёрирасон 48,00 мм, анљомхона, њаммом, њољатхона ва як адад дарвозаи оњанин, дар замини наздињавлигї-700 мк бо нархи 136000 (яксаду сиву шаш њазор) сомонї, соати 11:00 рўзи 3 марти соли 2018 музоядаи такрориро эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни суди ноњияи Бохтар. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои 8 (3245) 2-10-99, 933-00-20-46 гирифта метавонед.
эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи №028324, ки онро соли 1983 МТМУ №19-и ноњияи собиќ Коммунистї (њозира Бохтар) ба Равшанов Туражон Мањмадљонович додааст, эътибор надорад.
Шањодатномаи гумшудаи А №489472, ки онро соли 1973 МТМУ №4-и шањри Ќўрѓонтеппа ба Муродова Муњаббат Урунбаевна додааст, эътибор надорад.
Шањодатномаи гумшудаи №14064 дар бораи хатми синфми 9, ки онро соли 1995 МТМУ №1 –и ноњияи Колхозобод (њозира Љалолиддини Балхї) ба Максумов (Бобосаидов) Саидмалик Саитахмедович додааст, эътибор надорад.
Шањодатномаи гумшудаи А №588722, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1991 МТМУ №20-и ноњияи Вахш ба Турдиева Махфират Нумонжоновна додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Низомиддин ИСОЕВ
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 31.01.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8000 нусха Нишонии мо: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Логинов 12. Телефони сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896